КИТОБИ
САФАНЬЁИ НАБӢ
1БОБИ ЯКУМ
Доварӣ бар Яҳудо — тимсоли рӯзи ояндаи Худованд.
1 Каломи Худованд, ки бар Сафаньё ибни Кушӣ, ибни Ҷадальё, ибни Амарьё, ибни Ҳизқиё, дар айёми Йӯшиё ибни Омӯн, подшоҳи Яҳудо, нозил шуд.
2 «Ҳамаро аз рӯи замин
тамоман маҳв мекунам», мегӯяд Худованд.
3 «Одамизод ва чорпоёнро маҳв мекунам,
мурғони ҳаво ва моҳиёни баҳр,
ва асбоби васвасаро бо якҷоягии шарирон маҳв мекунам;
ва одамизодро аз рӯи замин нест мекунам»,
мегӯяд Худованд.
4 «Ва дасти Худро бар Яҳудо
ва бар ҳамаи сокинони Ерусалим дароз мекунам,
ва бақияи Баал,
ва номҳои пешвоёни бутпарастонашро бо якҷоягии коҳинонаш нест мекунам;
5 Ва онҳоеро низ, ки бар бомҳо ба лашкари осмон сачда мекунанд,
ва онҳоеро, ки сачда карда, ба Худованд қасам мехӯранд ва ба Милкум+ 1:5 Милкум — номи худои Аммӯн, ки онро Мӯлех ҳам мегуфтанд. қасам мехӯранд,
6 Ва онҳоеро низ, ки аз Худованд гаштаанд,
яъне Худовандро намеҷӯянд ва Ӯро наметалабанд».
7 Ба ҳузури Худованд Худо хомӯш бош!
Зеро ки рӯзи Худованд наздик аст;
зеро ки Худованд қурбоние тайёр кардааст, даъватшудагони Худро тақдис намудааст.
8 «Ва дар рӯзи қурбонии Худованд чунин воқеъ хоҳад шуд,
ки Ман сарварон, ва писарони подшоҳ, ва ҳамаи онҳоеро,
ки либоси бегона мепӯшанд, муҷозот хоҳам намуд.
9 Ва дар он рӯз ҳамаи онҳоеро, ки аз остона ҷаста мегузаранд,
ва хонаи оғои худро аз ситам ва макр пур мекунанд,
муҷозот хоҳам намуд».
10 «Ва дар он рӯз чунин воқеъ хоҳад шуд», мегӯяд Худованд,
«ки садои фиғон аз дарвозаи моҳиён,
ва вовайло аз маҳаллаи дуюм,
ва шикастагии бузурге аз болои пуштаҳо ба гӯш хоҳад расид.
11 Вовайло кунед, эй сокинони Мактеш,
зеро ки тамоми қавми тоҷир маҳв гардидаанд,
ҳамаи нуқраандӯзон нест шудаанд.
12 Ва дар он вақт чунин воқеъ хоҳад шуд,
ки Ман Ерусалимро бо чароғҳо тафтиш хоҳам кард,
ва шахсонеро, ки бар дурди худ нишаста, дар дили худ мегӯянд:
„Худованд на некӣ мекунад ва на бадӣ“, муҷозот хоҳам намуд.
13 Ва дороии онҳо ба ғанимат гирифта
ва хонаҳои онҳо валангор хоҳад шуд;
ва хонаҳо бино хоҳанд кард, вале дар онҳо сокин нахоҳанд шуд,
ва токҳо хоҳанд шинонид, вале шароби онҳоро нахоҳачд нӯшид».
14 Рӯзи бузурги Худованд наздик аст,
он наздик аст ва хело мешитобад:
садои рӯзи Худованд ба гӯш мерасад!
Он гоҳ баҳодур ҳам фиғони талх хоҳад бардошт.
15 Он рӯз рӯзи ғазаб аст,
рӯзи тангӣ ва мусибат,
рӯзи вайронӣ ва харобӣ,
рӯзи торикӣ ва зулмот,
рӯзи абр ва меғ,
16 Рӯзи шох ва нидоҳо бар шаҳрҳои ҳисордор ва бар бурҷҳои баланд.
17 Ва Ман одамонро ба танг меоварам,
ва онҳо мисли кӯрон роҳ хоҳанд рафт,
зеро ки пеши Худованд гуноҳ кардаанд;
ва хунашон мисли ғубор,
ва гӯшташон мисли саргин рехта хоҳад шуд.
18 На нуқраи онҳо, на тиллои онҳо
дар рӯзи ғазаби Худованд онҳоро наметавонад наҷот диҳад,
ва бо оташи рашки Ӯ тамоми замин фурӯ бурда хоҳад шуд,
зеро ки ҳалокате, он ҳам ҳалокати ногаҳоние,
Ӯ бар ҳамаи сокинони замин хоҳад овард.
2БОБИ ДУЮМ
Муроҷиат ба бақия бо даъват, ки тавба кунанд.
1 Барои тавба ҷамъ шавед ва фароҳам оед, эй халқи беҳаё,
2 Пеш аз он ки ҳукми ҷазо ба амал ояд, —
чунки рӯз мисли пари коҳ зуд гузашта меравад, —
пеш аз он ки шиддати хашми Худованд бар шумо фурӯд ояд,
пеш аз он ки рӯзи ғазаби Худованд бар шумо фурӯд ояд.
3 Худовандро биталабед, эй ҳамаи ҳалимони замин,
ки аҳкоми Ӯро ба ҷо меоваред;
адолатро биталабед, фурӯтаниро биталабед, —
шояд, ки дар рӯзи хашми Худованд тавонед пинҳон шавед.
Доварӣ бар халқҳо.
4 Зеро ки Ғазза тарк карда хоҳад шуд,
ва Ашқалӯн ба харобазор табдил хоҳад ёфт;
аҳли Ашдӯд нимирӯзӣ бадар ронда хоҳанд шуд,
ва Эқрӯн решакан хоҳад гардид.
5 Вой ба ҳоли халқи критиён,
ки сокинони минтақаи баҳр мебошанд!
Каломи Худованд дар ҳаққи шумост,
эй Канъон, замини фалиштиён!
Ва Ман туро нест хоҳам кард,
ба дараҷае ки сокине дар ту боқӣ нахоҳад монд.
6 Ва минтақаи баҳр мавзеи чоҳҳои чӯпонон
ва кӯраҳои гӯсфандон хоҳад шуд.
7 Ва ин минтақа барои бақияи хонадони Яҳудо хоҳад буд,
то ки дар он ҷо чаро кунанд;
шабонгоҳ дар хонаҳои Ашқалӯн хоҳанд хобид,
зеро ки Худованд Худояшон онҳоро тафаққуд намуда,
асиронашонро хоҳад баргардонид.
8 «Дашноми Мӯоб ва ҳақоратҳои банӣ‐Аммӯнро шунидаам,
ки қавми Маро таҳқир намуда,
дар ҳудуди онҳо калонигарӣ мекарданд.
9 Бинобар ин ба ҳаёти Худам қасам»,
мегӯяд Худованди лашкарҳо, Худои Исроил,
«ки замини Мӯоб мисли Садӯм
ва замини банӣ‐Аммӯн мисли Амӯро хоҳад шуд,
мавзеи хорҳо, ва кони намак,
ва харобазори абадӣ хоҳад гардид;
бақияи қавми Ман онҳоро тороҷ хоҳанд кард,
ва боқимондагони халқи Ман онҳоро
ба тасарруфи худ хоҳанд даровард».
10 Ин ба сари онҳо аз боиси кибрашон хоҳад омад, зеро ки дар ҳаққи қавми Худованди лашкарҳо таҳқир ва калонигарӣ карданд.
11 Худованд бар онҳо саҳмгин хоҳад буд, зеро ки Ӯ ҳамаи худоёни заминро маҳв хоҳад кард, ва ҳамаи халқҳои сокини ҷазираҳо, ҳар яке аз макони худ, ба Ӯ саҷда хоҳанд кард.
12 «Шумо низ, эй ҳабашиён,
бо шамшери Ман кушта хоҳед шуд».
13 Ва Ӯ дасти Худро бар шимол дароз карда,
Ашшурро маҳв хоҳад намуд, ва Нинверо ба харобазоре,
ба саҳрои хушке ки мисли биёбон бошад, табдил хоҳад дод.
14 Ва андаруни он галаҳои сершумори ҳар навъ ҳайвонот хоҳанд хобид,
ва мурғи саққо, ва хорпушт бар болодариҳои он ҷойгир хоҳанд шуд;
садои хониши паррандагон аз тирезаҳояш ба гӯш хоҳад расид,
ва харобӣ бар остонаҳояш намоён хоҳад буд,
зеро ки чӯбҳои арзи рӯйбасти онҳо вайрон шудааст.
15 Ин шаҳри пурсурур, ки бепарвоёна умр ба сар бурда, дар дили худ мегуфт:
«Ман ҳастам, ва ғайр аз ман дигаре нест», чӣ гуна хароб гардида,
ба маскани ҳайвонот табдил ёфтааст!
Ҳар касе ки аз пеши он бигзарад,
ба ҳоли он ҳуштак зада, даст хоҳад афшонид.
3БОБИ СЕЮМ
Таназзули ахлоқ дар Ерусалим дар айёми набӣ.
1 Вой ба ҳоли шаҳри палид
ва наҷиси ситампеша!
2 Вай овозро намешунавад, пандро намепазирад,
ба Худованд таваккал намекунад,
ба Худои худ наздик намешавад.
3 Сарваронаш андаруни вай шерони ғурранда,
доваронаш гургони шабгард мебошанд,
ки то субҳ устухонеро боқӣ намегузоранд.
4 Анбиёяш шахсони сабукмағз ва ғаддор ҳастанд;
коҳинонаш қудсро палид, ва шариатро хор мекунанд.
5 Худованд андаруни вай одил аст, ноинсофӣ намекунад;
ҳар субҳ доварии Худро ошкоро зоҳир месозад,
пай дарҳам амал мекунад,
вале шахси ноинсоф шармро намедонад.
6 Ман халқҳоро маҳв намудаам,
ба дараҷае ки бурҷҳошон вайрон гардидааст;
кӯчаҳошонро чунон хароб кардаам,
ки касе аз онҳо намегузарад;
шаҳрҳошон тавре валангор шудааст,
ки касе дар онҳо нест, сокине боқӣ намондааст.
7 Гуфтам: «Кошки аз Ман метарсидӣ, ва пандро қабул мекардӣ»;
ва дар он сурат маскани вай маҳв намешуд,
ва ҳар он чи дар ҳаққи вай амр фармуда будам, ба амал намеомад;
лекин онҳо барои бад кардани тамоми амалиёти худ шитофтанд.
8 «Бинобар ин Маро», мегӯяд Худованд,
«интизор бошед, то рӯзе ки барои шоҳидӣ бархезам,
зеро ҳукми Ман ин аст, ки халқҳоро ҷамъ кунам,
ва мамлакатҳоро фароҳам оварам, то ки ғазаби Худро,
тамоми шиддати хашми Худро бар онҳо бирезам,
зеро ки тамоми замин бо оташи рашки Ман фурӯ бурда хоҳад шуд.
9 Зеро ки он вақт ба қавмон забони поке хоҳам бахшид,
то ки ҳамаашон исми Худовандро бихонанд,
ва Ӯро якдилона ибодат намоянд.
10 Аз он тарафи наҳрҳои Ҳабаш парастишкунандагони Ман,
фарзандоне ки Ман пароканда кардаам,
ҳадияе барои Ман хоҳанд овард.
11 Дар он рӯз ту аз тамоми амалиёти худ,
ки бо он пеши Ман гуноҳ кардаӣ, хиҷил нахоҳӣ шуд,
зеро ки он вақт Ман мутакаббирони пурсурури туро аз даруни ту дур хоҳам кард,
ва ту дигар дар кӯҳи муқаддаси Ман такаббур нахоҳӣ намуд.
12 Ва ман андаруни ту қавми фурӯтан
ва бенаворо боқӣ хоҳам гузошт,
ва онҳо ба исми Худованд паноҳ хоҳанд бурд.
13 Бақияи Исроил ноинсофӣ нахоҳанд кард,
ва дурӯғ нахоҳанд гуфт,
ва дар даҳонашон забони фиребгарона ёфт нахоҳад шуд,
зеро ки худашон чаро карда, хоҳанд хобид,
ва касе онҳоро безобита нахоҳад кард».
Худованд бар Ерусалим марҳамат намуд.
14 Тараннум намо, эй духтари Сион!
Нидоҳои шодмонӣ бидеҳ, эй Исроил!
Аз тамоми дил шодӣ ва хурсандӣ бикун, эй духтари Ерусалим!
15 Худованд азиятҳои туро дур карда,
душманонатро аз миён бардоштааст;
Худованд, ки подшоҳи Исроил аст, андаруни туст,
ва ту дигар бадӣ нахоҳӣ дид.
16 Дар он рӯз ба Ерусалим гуфта хоҳад шуд:
«Натарс!» ва ба Сион:
«Бигзор дастҳоят суст нашавад!»
17 Худованд Худои ту андаруни туст, Ӯ ҷаббор аст,
ва наҷот хоҳад дод;
дар ҳаққи ту бо шодмонӣ дилхуш хоҳад шуд,
дар муҳаббати Худ хомӯш хоҳад монд,
дар ҳаққи ту бо тараннум шодӣ хоҳад кард.
18 «Онҳоеро, ки аз ҷиҳати идҳо ғамгинанд,
Ман ҷамъ хоҳам кард, — онҳо аз ту дур буданд,
ва бори нанги ту насибашон гардида буд.
19 Инак, Ман дар он замон ҳамаи онҳоеро,
ки бар ту ситам мекарданд,
ба танг хоҳам овард, ва лангонро наҷот хоҳам дод,
ва рондашудагонро фароҳам хоҳам овард,
ва онҳоро дар ҳар кишваре ки гирифтори нанг буданд,
соҳиби иззат ва шӯҳрат хоҳам гардонид.
20 Дар он замон шуморо хоҳам овард,
ва дар он замон шуморо ҷамъ хоҳам кард,
зеро ки шуморо дар миёни ҳамаи қавмони замин соҳиби шӯҳрат ва иззат хоҳам гардонид,
вақте ки асирони шуморо пеши назари шумо баргардонам», мегӯяд Худованд.