КИТОБИ

ЗАКАРЬЁИ НАБӢ

1

БОБИ ЯКУМ

Даъват ба тавба; зуҳури фариштаи Худованд.

1 Дар моҳи ҳаштум, дар соли дуюми Дорьёвеш, каломи Худованд бар Закарьёи набии ибни Баракьё, ибни Идду нозил шуда, гуфт:

2 «Худованд бар падарони шумо бағоят хашмгин буд,

3 Ва ту ба онҳо бигӯй: Худованди лашкарҳо чунин мегӯяд: сӯи Ман баргардед, мегӯяд Худованди лашкарҳо, ва Ман сӯи шумо хоҳам баргашт, мегӯяд Худованди лашкарҳо.

4 Мисли падарони худ набошед, ки анбиёи пешина онҳоро хонда, гуфтанд: „Худованди лашкарҳо чунин мегӯяд: аз роҳҳои бади худ ва аз корҳои бади худ баргардед“, вале онҳо нашниданд ва ба Ман гӯш надоданд, мегӯяд Худованд.

5 Падарони шумо — куҷоянд онҳо? Ва анбиё — магар онҳо ба таври абадӣ зиндагӣ мекунанд?

6 Аммо суханони Ман ва фароизи Ман, ки ба бандагони Худ анбиё амр фармуда будам, магар ба сари падарони шумо наомад? Ва онҳо баргаштанд ва гуфтанд: „Чунон ки Худованди лашкарҳо қарор дода буд, ки бо мо мувофиқи роҳҳоямон ва корҳоямон амал намояд, ончунон бо мо амал намуд“».

Дидани марде бар аспи ҷиранд.

7 Дар рӯзи бисту чоруми моҳи ёздаҳум, ки моҳи шебот бошад, дар соли дуюми Дорьёвеш, каломи Худованд бар Закарьёи набии ибни Баракьё, ибни Идду нозил шуда, чунин гуфт:

8 «Имшаб дидам, ва инак марде бар аспи ҷиранд савор буд, ва ӯ дар миёни дарахтони ос, ки дар водӣ буданд, меистод, ва дар ақиби ӯ аспони ҷиранд, тӯруқ ва сафед буданд.

9 Ва ман гуфтам: „Инҳо чист, эй оғоям?“ Ва фариштае ки бо ман сухан меронд, ба ман гуфт: „Ман ба ту нишон медиҳам, ки инҳо чист“.

10 Ва марде ки дар миёни дарахтони ос меистод, ҷавоб гардонда, гуфт: „Инҳо касоне ҳастанд, ки Худованд фиристодааст, то ки бар замин гаштугузор кунанд“.

11 Ва онҳо ба фариштаи Худованд, ки дар миёни дарахтони ос меистод, ҷавоб гардонда, гуфтанд: „Мо бар замин гаштугузор кардем, ва инак, тамоми замин дар оромӣ сокин аст“.

Худованд ба халқҳо таваҷҷӯҳ намекунад.

12 Ва фариштаи Худованд ҷавоб гардонда, гуфт: „Эй Худованди лашкарҳо! То ба кай бар Ерусалим ва шаҳрҳои Яҳудо, ки ҳафтод сол боз Ту ба онҳо хашм менамоӣ, марҳамат нахоҳӣ кард?“

13 Ва Худованд ба фариштае ки бо ман сухан меронд, бо суханони хуб, бо суханони тасаллибахш ҷавоб гардонд.

14 Ва фариштае ки бо ман сухан меронд, ба ман гуфт: „Нидо намуда, бигӯй: Худованди лашкарҳо чунин мегӯяд: Ман дар бораи Ерусалим ва дар бораи Сион бо рашки бузурге рашк кардам.

15 Ва бар халқҳои бепарво бағоят хашмгин ҳастам: вақте ки хашми Ман андак буд, онҳо бадиро афзун карданд.

16 Бинобар ин Худованд чунин мегӯяд: ба Ерусалим бо марҳамат хоҳам баргашт; хонаи Ман дар он бино хоҳад ёфт, мегӯяд Худованди лашкарҳо, ва ресмони андоза бар Ерусалим кашида хоҳад шуд.

17 Боз нидо намуда, бигӯй: Худованди лашкарҳо чунин мегӯяд: боз шаҳрҳои Ман аз нозу неъмат лабрез хоҳад шуд, ва Худованд боз Сионро тасаллӣ хоҳад дод, ва боз Ерусалимро хоҳад баргузид“».

Дидани чор шох ва чор оҳангар.

18 Ва ман чашмони худро боло карда, дидам, ва инак чор шох буд.

19 Ва ба фариштае ки бо ман сухан меронд, гуфтам: «Инҳо чист?» Ва ӯ ба ман гуфт: «Инҳо шохҳоест, ки Яҳудо ва Исроил ва Ерусалимро пароканда кардааст».

20 Ва Худованд чор оҳангарро ба ман нишон дод.

21 Ва ман гуфтам: «Инҳо барои чӣ гуна коре омадаанд?» Ва ӯ ба ҷавоб гуфт: «Ин шохҳо Яҳудоро чунон пароканда кардааст, ки касе сари худро наметавонад бардорад; вале инҳо омадаанд, то ки бар онҳо даҳшат оваранд, шохҳои халқҳоеро шикаста партоянд, ки бар замини Яҳудо шох бардоштаанд, то ки онро пароканда намоянд».

2

БОБИ ДУЮМ

Дидани марде бо ресмони андоза.

1 Ва ман чашмони худро боло карда, дидам, ва инак марде буд, ва ресмони андоза дар дасти худ дошт.

2 Ва ман гуфтам: «Ту куҷо меравӣ?» Ва ӯ ба ман гуфт: «Барои андоза кардани Ерусалим, то бубинам, ки бараш чӣ қадар аст ва дарозияш чӣ қадар».

3 Ва инак фариштае ки бо ман сухан меронд, берун рафт, ва фариштаи дигаре ба пешвози ӯ баромад,

4 Ва ба ӯ гуфт: «Шитоб намо ва ба ин ҷавон бигӯй: „Ерусалим аз бисьёрии одамон ва чорпоёне ки андарунаш хоҳанд буд, берун аз ҳисор маскун хоҳад гардид.

5 Ва Ман барои он, мегӯяд Худованд, девори оташине гирдогирдаш хоҳам буд, ва барои ҷалоли он андаруни он хоҳам буд“».

6 «Ҳой, ҳой, аз замини шимол бигрезед, мегӯяд Худованд; зеро ки Ман шуморо мисли чор самти осмон пароканда кардаам, мегӯяд Худованд».

7 Ҳой, Сион, ки назди духтари Бобил сокин мебошӣ, гурехта худро раҳо намо!

8 Зеро ки Худованди лашкарҳо чунин мегӯяд. Барои ҷалоли шумо Ӯ маро назди халқҳое ки шуморо тороҷ карданд, фиристодааст; зеро ҳар кӣ ба шумо даст расонад, ба мардумаки чашми Ӯ даст расонда бошад.

9 «Зеро ки инак Ман дасти Худро бар онҳо хоҳам бардошт, ва онҳо ғанимати ғуломони худ хоҳанд шуд». Ва шумо хоҳед донист, ки Худованди лашкарҳо маро фиристодааст.

10 Тараннум ва шодӣ намо, эй духтари Сион! «Зеро инак, Ман меоям ва андаруни ту сокин хоҳам шуд», мегӯяд Худованд.

11 «Ва дар он рӯз халқҳои бисьёр ба Худованд ҳамроҳ хоҳанд шуд, ва қавми Ман хоҳанд гардид, ва Ман андаруни ту сокин хоҳам шуд». Ва хоҳӣ донист, ки Худованди лашкарҳо маро назди ту фиристодааст.

12 Ва Худованд Яҳудоро тасарруф намуда, насибаи Худ бар замини муқаддас хоҳад гардонид, ва аз нав Ерусалимро хоҳад баргузид.

13 Ба ҳузури Худованд хомӯш бошед, эй тамоми башар! Зеро ки Ӯ аз маскани муқаддаси Худ бархостааст.

3

БОБИ СЕЮМ

Дидани Еҳушаи саркоҳин.

1 Ва Еҳушаи саркоҳинро ба ман нишон дод, ки ба ҳузури фариштаи Худованд истода буд, ва шайтон ба тарафи рости ӯ меистод, то ки ӯро айбдор кунад.

2 Ва Худованд ба шайтон гуфт: «Худованд ба ту, эй шайтон, итоб менамояд, ва Худованд, ки Ерусалимро баргузидааст, ба ту итоб менамояд; ин, охир, кундаи нимсӯхтаест, ки аз оташ раҳонида шудааст».

3 Ва Еҳушаъ либоси ифлос дар тан дошт, ва ба ҳузури фаришта меистод,

4 Ки вай ба онҳое ки ба ҳузураш истода буданд, сухан ронда, гуфт: «Либоси ифлосро аз тани ӯ дур кунед». Ва ба ӯ гуфт: «Бубин, гуноҳатро аз ту дур кардам, ва туро либоси фохира пӯшонидам».

5 Ва ман гуфтам: «Бигзор аммомаи тозае бар сараш бимонанд», — ва аммомаи тозае бар сараш гузоштанд, ва ӯро либос пӯшониданд, дар сурате ки фариштаи Худованд меистод.

6 Ва фариштаи Худованд Еҳушаъро таъкид намуда, гуфт:

7 «Худованди лашкарҳо чунин мегӯяд: агар бо роҳҳои Ман биравӣ, ва агар хизмати Маро ба ҷо оварӣ, ту низ дар хонаи Ман сардорӣ хоҳӣ намуд, ва саҳнҳои Маро нигаҳбонӣ хоҳӣ кард, ва Ман туро дар миёни инҳое ки меистанд, роҳ хоҳам дод.

Бандаи Худо — Навда.

8 Пас бишнав, эй Еҳушаи саркоҳин, ту ва ёронат, ки ба ҳузури ту нишастаанд, зеро ки онҳо мардони хуҷаста ҳастанд: инак, Ман бандаи Худ — Навдаро хоҳам овард.

9 Зеро инак, он санге ки Ман ба ҳузури Еҳушаъ мегузорам; ба як санг бо ҳафт чашм менигарам; инак, Ман нақше бар он ҳак менамоям, мегӯяд Худованди лашкарҳо, ва гуноҳи ин заминро дар як рӯз дур мекунам.

10 Дар он рӯз, мегӯяд Худованди лашкарҳо, якдигарро зери ток ва зери дарахти анҷир даъват хоҳед намуд».

4

БОБИ ЧОРУМ

Дидани чароғдони тилло ва ду дарахти зайтун.

Таъбири он.

1 Ва фариштае ки бо ман сухан меронд, баргашт, ва маро бедор кард, мисли касе ки аз хобаш бедор мешавад.

2 Ва ба ман гуфт: «Чӣ мебинӣ?» Ва ман гуфтам: «Мебинам, инак чароғдоне ки сар то сараш аз тиллост, ва равғандонаш бар сараш, ва ҳафт чароғаш бар он аст, ва ҳар чароғ, ки бар сараш мебошад, ҳафт нойча дорад.

3 Ва ду дарахти зайтун назди он аст, — яке аз тарафи рости равғандон ва дигаре аз тарафи чапаш».

4 Ва ман ба фариштае ки бо ман сухан меронд, ҷавоб гардонда, гуфтам: «Инҳо чист, эй оғоям?»

5 Ва фариштае ки бо ман сухан меронд, ба ман ҷавоб гардонда, гуфт: «Оё намедонӣ, ки инҳо чист?» Ва ман гуфтам: «Не, эй оғоям».

6 Ва ӯ ба ман ҷавоб гардонда, гуфт: «Ин каломи Худованд аст, ки барои Зарубобил гуфта шудааст: на бо ҷасорат ва на бо қувват, балки бо Рӯҳи Ман, мегӯяд Худованди лашкарҳо.

7 Ту чистӣ, эй кӯҳи бузург? Ба ҳузури Зарубобил ту ҳамворие ҳастӣ, ва ӯ санги сари онро берун хоҳад овард, дар сурате ки нидоҳои хурсандӣ шунида хоҳад шуд: „Шукӯҳу шавкат бар он бод!“»

8 Ва каломи Худованд бар ман нозил шуда, гуфт:

9 «Дастҳои Зарубобил буньёди ин хонаро ниҳодааст, ва дастҳои ӯ онро анҷом хоҳад дод, ва хоҳӣ донист, ки Худованди лашкарҳо маро назди шумо фиристодааст.

10 Зеро касе ки он рӯзи корҳои майдаро писанд накарда буд, алҳол шоқулро дар дасти Зарубобил дида, шод хоҳад шуд; ин ҳафт — чашмони Худованд ҳастанд, ки тамоми заминро бо нигоҳи худ фаро мегиранд».

11 Ва ман савол дода, ба ӯ гуфтам: «Ин ду дарахти зайтун, ки ба тарафи рости чароғдон ва ба тарафи чапи он мебошад, чист?»

12 Ва бори дуюм савол дода, ба ӯ гуфтам: «Он ду шохаи зайтун, ки назди ду нойчаи тилло моеи тиллоранге аз даруни худ мерезад, чист?»

13 Ва ӯ ба ман гуфт: «Оё намедонӣ, ки инҳо чист?» Ва ман гуфтам: «Не, эй оғоям».

14 Ва ӯ гуфт: «Ин ду — таъминкунандагони равғани зайтун ҳастанд, ки ба ҳузури Молики тамоми ҷаҳон истодаанд».

5

БОБИ ПАНҶУМ

Дидани тӯмори паррон ва сабад.

1 Ва боз чашмонамро боло карда, дидам, ва инак тӯмори парроне намоён аст.

2 Ва ӯ ба ман гуфт: «Чӣ мебинӣ?» Ва ман гуфтам: «Ман тӯмори парроне мебинам, ки дарозияш бист зироъ аст, ва бараш даҳ зироъ».

3 Ва ӯ ба ман гуфт: «Ин лаънатест, ки бар рӯи тамоми замин берун меравад, зеро ҳар кӣ дуздӣ мекунад, аз ин тарафаш, бар ҳасби он, маҳв хоҳад гардид, ва ҳар кӣ қасами дурӯғ мехӯрад, аз он тарафаш, бар ҳасби он, маҳв хоҳад гардид.

4 Ман онро берун овардам, мегӯяд Худованди лашкарҳо, ва он ба хонаи дузд ва ба хонаи касе ки ба исми Ман қасами дурӯғ мехӯрад, дохил хоҳад шуд, ва андаруни хонаи вай ҷойгир шуда, сабаби хонавайронӣ хоҳад гардид, ҳам чӯбҳояш ва ҳам сангҳояшро нобуд хоҳад кард».

5 Ва фариштае ки бо ман сухан меронд, берун омада, ба ман гуфт: «Лутфан, чашмонатро боло карда, бубин, ки он чи берун меояд, чист».

6 Ва ман гуфтам: «Он чист?» Ва ӯ гуфт: «Ин сабадест, ки берун меояд». Ва гуфт: «Ин чашми ҳариси онҳост дар тамоми замин».

7 Ва инак, гулӯлаи қӯрғошимие бардошта шуд, ва инак, як зан андаруни сабад нишастааст.

8 Ва ӯ гуфт: «Ин шарорат аст», ва онро андаруни сабад андохт, ва он санги қӯрғошимиро ба даҳани он гузошт.

9 Ва ман чашмонамро боло карда, дидам, ва инак, ду зан берун меоянд, ва бод дар болҳои онҳост, ва болҳошон мисли болҳои лайлак аст; ва онҳо сабадро бардошта, дар миёни замин ва осмон парвоз карданд.

10 Ва ман ба фариштае ки бо ман сухан меронд, гуфтам: «Онҳо ин сабадро куҷо мебаранд?»

11 Ва ӯ ба ман гуфт: «То ки барои вай дар замини Шинъор хонае бино кунанд, ва ҳамин ки он тайёр шавад, вай дар он ҷо бар пояи худ гузошта хоҳад шуд».

6

БОБИ ШАШУМ

Дидани чор ароба.

1 Ва боз чашмони худро боло карда, дидам, ва инак, чор ароба аз миёни ду кӯҳ берун меравад, ва он кӯҳҳо кӯҳҳои мис аст.

2 Дар аробаи якум — аспони ҷиранд; ва дар аробаи дуюм — аспони сиёҳмушкин;

3 Ва дар аробаи сеюм — аспони сафед; ва дар аробаи чорум — аспони абраши қавӣ.

4 Ва ба фариштае ки бо ман сухан меронд, савол дода, гуфтам: «Инҳо чист, эй оғоям?»

5 Ва фаришта ба ман ҷавоб гардонда, гуфт: «Инҳо чор боди осмон мебошанд, ки баъд аз истодан ба ҳузури Молики тамоми ҷаҳон берун мераванд.

6 Он ки аспони сиёҳмушкин дорад, онҳо сӯи замини шимол берун мераванд, ва аспони сафед ба машриқзамин берун мераванд, ва аспони абраш сӯи замини ҷануб берун мераванд.

7 Ва аспони қавӣ берун рафтаанд, ва саъю кӯшиш доранд гардиш кунанд, то ки заминро тай намоянд». Ва ӯ гуфт: «Биравед, заминро тай намоед». Ва онҳо рафта, заминро тай карданд.

8 Ва ӯ маро фарьёд карда, гуфт: «Бубин, онҳое ки сӯи замини шимол берун рафтанд, хашми Маро дар замини шимол фурӯ нишониданд».

Тоҷгузории рамзии Еҳушаъ.

9 Ва каломи Худованд бар ман нозил шуда, гуфт:

10 «Аз миёни асироне ки аз Бобил омадаанд, Ҳелдай, Тубиё ва Едаъёро бигир, ва бо онҳо дар ҳамон рӯз ба хонаи Йӯшиё ибни Сафаньё биё,

11 Ва нуқра ва тиллоро бигир ва тоҷҳо сохта, ба сари саркоҳин Еҳушаъ ибни Еҳӯсодоқ бигузор,

12 Ва ба ӯ сухан ронда, бигӯй: „Худованди лашкарҳо чунин мегӯяд: инак марде ки Навда ном дорад, ва аз решааш хоҳад рӯид, ва қасри Худовандро бино хоҳад кард.

13 Ӯ қасри Худовандро бино хоҳад кард, ва соҳиби шавкат хоҳад шуд, ва бар тахти худ нишаста, салтанат хоҳад ронд; ва коҳин бар тахти худ хоҳад буд, ва машварати сулҳу осоиштагӣ дар миёни ҳар дуи онҳо хоҳад буд“.

14 Ва он тоҷҳо барои Ҳелам ва Тубиё ва Едаъё ва Ҳен ибни Сафаньё аз баҳри ёдгорӣ дар қасри Худованд хоҳад буд.

15 Ва онҳое ки дар ҷойҳои дур мебошанд, омада, дар қасри Худованд бино хоҳанд кард, ва хоҳед донист, ки Худованди лашкарҳо маро назди шумо фиристодааст; ва ин ба вуқӯъ хоҳад омад, агар ба овози Худованд Худои худ бодиққат гӯш диҳед».

7

БОБИ ҲАФТУМ

На рӯзадорӣ, балки марҳамат барои Худованд мақбул аст.

1 Ва дар соли чоруми подшоҳ Дорьёвеш чунии воқеъ шуд, ки каломи Худованд дар рӯзи чоруми моҳи нӯҳум, ки моҳи кислев бошад, бар Закарьё нозил шуд,

2 Вақте ки сокинони Байт‐Ил, Саресар ва Раҷам‐Малик одамони худро фиристода буданд, то ки ба ҳузури Худованд тазаррӯъ намоянд,

3 Ва ба коҳиноне ки дар хонаи Худованди лашкарҳо буданд, ва ба анбиё сухан ронда, бипурсанд: «Оё ман дар моҳи панҷум бигирьям ва рӯзадорӣ кунам, чунон ки чандин сол ин тавр кардаам?»

4 Ва каломи Худованди лашкарҳо бар ман нозил шуда, гуфт:

5 «Ба тамоми қавми ин замин ва ба коҳинон бигӯй: „вақте ки шумо, дар давоми ин ҳафтод сол, дар моҳи панҷум ва моҳи ҳафтум рӯза доштед ва навҳа кардед, оё барои Ман рӯза доштед?

6 Ва ҳангоме ки шумо мехӯрдед, ва ҳангоме ки шумо менӯшидед, оё барои худатон намехӯрдед ва оё барои худатон наменӯшидед?“»

7 Оё аз он суханон бехабаред, ки Худованд ба воситаи анбиёи пешина эълон карда буд, вақте ки Ерусалим маскун ва дар амният буд, ва шаҳрҳояш гирдогирди он; ва Наҷаб ва Шефило низ маскун буд?

8 Ва каломи Худованд бар Закарьё нозил шуда, гуфт:

9 «Худованди лашкарҳо чунин мегӯяд: аз рӯи адлу инсоф доварӣ кунед, ва ба якдигар эҳсон ва марҳамат зоҳир намоед;

10 Ва бева ва ятим, ва ғариб ва бенаворо ба танг наоваред, ва дар дили худ ба зидди якдигар бадӣ наандешед».

11 Вале онҳо аз гӯш додан рӯ тофтанд, ва саркашӣ карданд, ва гӯшҳои худро кар карданд, то ки нашнаванд.

12 Ва дили худро мисли алмос сахт карданд, то ки шариат ва суханонеро, ки Худованди лашкарҳо бо рӯҳи Худ ба воситаи анбиёи пешина фиристода буд, нашнаванд; аз ин рӯ хашми бузурге аз ҷониби Худованди лашкарҳо ба амал омад.

13 Ва чунин воқеъ шуд: «Вақте ки Ӯ даъват менамуд, онҳо намешуниданд; ончунон, вақте ки онҳо даъват менамуданд, Ман намешунидам», мегӯяд Худованди лашкарҳо,

14 «Ва Ман онҳоро дар миёни ҳамаи халқҳое ки намешинохтанд, пароканда кардам, ва ин замин баъд аз онҳо валангор шуд, ба тавре ки роҳгузаре дар он боқӣ намонд, ва онҳо замини дилпазирро ба биёбон табдил доданд».

8

БОБИ ҲАШТУМ

Азми Худо барои наҷот ва баракат додани Исроил тағьирнопазир аст.

1 Ва каломи Худованди лашкарҳо нозил шуда, гуфт:

2 «Худованди лашкарҳо чунин мегӯяд: Ман дар бораи Сион бо рашки бузурге рашк кардаам, ва бо ғазаби бузурге дар бораи он рашк кардаам.

3 Худованд чунин мегӯяд: Ман ба Сион хоҳам баргашт, ва андаруни Ерусалим сокин хоҳам шуд; ва Ерусалим шаҳри ҳақиқат, ва кӯҳи Худованди лашкарҳо кӯҳи муқаддас номида хоҳад шуд.

4 Худованди лашкарҳо чунин мегӯяд: боз пирон ва кампирон дар кӯчаҳои Ерусалим хоҳанд нишаст, ва ҳар яке ба сабаби дарозии умраш асои худро дар дасташ нигоҳ хоҳад дошт.

5 Ва кӯчаҳои шаҳр аз писарон ва духтароне ки дар кӯчаҳояш бозӣ мекунанд, пур хоҳад шуд.

6 Худованди лашкарҳо чунин мегӯяд: агар ин ба назари бақияи ин қавм дар он айём аҷиб намояд, оё ба назари Ман ҳам аҷиб хоҳад намуд? — мегӯяд Худованди лашкарҳо.

7 Худованди лашкарҳо чунин мегӯяд: инак, Ман қавми Худро аз замини шарқ, ва аз замини ғуруби офтоб наҷот хоҳам дод;

8 Ва онҳоро хоҳам овард, ва онҳо андаруни Ерусалим сокин хоҳанд шуд, ва қавми Ман хоҳанд буд, ва Ман бо ростӣ ва адолат Худои онҳо хоҳам буд.

9 Худованди лашкарҳо чунин мегӯяд: қавӣ бод дастҳои шумо, эй касоне ки дар ин айём ин суханонро аз забони анбиё мешунавед, ки онҳо дар рӯзи ниҳодани буньёди хонаи Худованди лашкарҳо, барои бино кардани қаср, нубувват намудаанд.

10 Зеро ки пеш аз он айём музде барои одам набуд, ва музде барои кори чорпоён набуд; ва барои онҳое ки даробаро мекарданд, осоиштагӣ аз дасти душман набуд, ва Ман ҳамаи одамонро ба зидди якдигар бармеангехтам.

11 Вале алҳол Ман барои бақияи ин қавм мисли айёми пешина нахоҳам буд, мегӯяд Худованди лашкарҳо.

12 Зеро ки акнун дар сулҳу осоиштагӣ зироат ба амал хоҳад омад, ток меваи худро хоҳад овард, ва замин ҳосили худро хоҳад дод, ва осмон шабнами худро хоҳад бахшид, ва Ман ҳамаи инҳоро ба тасарруфи бақияи ин қавм хоҳам даровард.

13 Ва чунин воқеъ хоҳад шуд: чунон ки шумо, эй хонадони Яҳудо ва эй хонадони Исроил, дар миёни халқҳо рамзи лаънат будед, ончунон Ман шуморо наҷот хоҳам дод, ва шумо рамзи баракат хоҳед гардид. Натарсед! Қавӣ бод дастҳои шумо!

14 Зеро ки Худованди лашкарҳо чунин мегӯяд: чунон ки Ман азм намудам, ки ба шумо бадӣ бикунам, вақте ки падарони шумо Маро ба ғазаб оварданд, мегӯяд Худованди лашкарҳо, ва аз он азми Худ нагаштам,

15 Ончунон Ман дар ин рӯзҳо аз нав азм намудаам, ки ба Ерусалим ва ба хонадони Яҳудо некӣ бикунам. Натарсед!

16 Ин аст корҳое ки шумо бояд ба ҷо оваред: ба якдигар рост гӯед; дар маҳкамаи худ бар тибқи ҳақиқат ва сулҳу осоиштагӣ доварӣ намоед;

17 Ва дар дили худ ба зидди якдигар бадӣ наандешед, ва қасами дурӯғро дӯст надоред; зеро ки Ман аз ҳамаи ин корҳо нафрат дорам, мегӯяд Худованд».

18 Ва каломи Худованд бар ман нозил шуда, гуфт:

19 «Худованди лашкарҳо чунин мегӯяд: рӯзаи моҳи чорум ва рӯзаи моҳи панҷум, ва рӯзаи моҳи ҳафтум ва рӯзаи моҳи даҳум барои хонадони Яҳудо ба шодӣ ва хурсандӣ ва идҳои нек мубаддал хоҳад шуд; валекин ростӣ ва осоиштагиро дӯст доред.

Ерусалим пойтахти муқаддаси тамоми замин хоҳад буд.

20 Худованди лашкарҳо чунин мегӯяд: боз айёме фаро хоҳад расид, ки қавмҳо ва сокинони шаҳрҳои бисьёр хоҳанд омад;

21 Ва сокинони як шаҳр ба шаҳри дигар рафта, хоҳанд гуфт: „Биёед, рафта ба ҳузури Худованд илтиҷо намоем, ва Худованди лашкарҳоро биталабем; ман низ хоҳам рафт“.

22 Ва қавмҳои бисьёр ва халқҳои азим хоҳанд омад, то ки Худованди лашкарҳоро дар Ерусалим биталабанд, ва ба ҳузури Худованд илтиҷо намоянд.

23 Худованди лашкарҳо чунин мегӯяд: дар он айём даҳ нафар аз ҳамаи забонҳо ва халқҳо домани марди яҳудиро гирифта ва онро сахт дошта, хоҳанд гуфт: „Бо шумо меравем, зеро шунидаем, ки Худо бо шумост“».

9

БОБИ НӮҲУМ

Ғазаби Худо бар шаҳрҳои ҳамсояи Фаластин.

1 Ваҳйи каломи Худованд, ки он дар замини Ҳадрох ва дар Димишқ қарор хоҳад гирифт, зеро ки чашми Худованд бар одамизод ва бар ҳамаи сибтҳои Исроил аст;

2 Ва дар Ҳамот низ, ки ҳамҳудуди вай аст,

ва дар Сӯр ва Сидӯн, ки бағоят айёр мебошанд.

3 Ва Сӯр барои худ қалъае сохтааст,

ва нуқраро ба сони ғубор,

ва тиллоро ба сони лои кӯчаҳо андӯхтааст.

4 Инак Худованд онро бенаво хоҳад сохт,

ва дороии онро дар баҳр талаф хоҳад кард,

ва худи он бо оташ фурӯ бурда хоҳад шуд.

5 Ашқалӯн инро дида, ба даҳшат хоҳад афтод,

ва Ғазза бисьёр ба ларза хоҳад омад,

ва Эқрӯн низ, зеро ки аз умедаш хиҷил хоҳад шуд;

ва подшоҳ аз Ғазза нест хоҳад гардид,

ва Ашқалӯн ғайримаскун хоҳад шуд.

6 Ва аҷнабӣ дар Ашдӯд маскан хоҳад гирифт,

ва Ман кибри фалиштиёнро маҳв хоҳам намуд;

7 Ва хунҳояшро аз даҳонаш дур хоҳам кард,

ва қабоҳатҳояшро аз миёни дандонҳояш;

ва ӯ низ барои Худои мо боқӣ хоҳад монд,

ва мисли мире дар Яҳудо хоҳад буд,

ва сокини Эқрӯн монанди ябусӣ хоҳад шуд.

8 Ва Ман гирдогирди хонаи Худ ба муқобили қӯшуни ғайр,

ба муқобили онҳое ки ин сӯ — он сӯ рафтуой доранд,

ӯрду хоҳам зад, ва дигар бар онҳо ғосибе гузар нахоҳад кард,

зеро ки алҳол инро бо чашмони Худ дидаам.

Тимсоли подшоҳи оянда; омадани якум.

9 Бағоят ба ваҷд ой, эй духтари Сион!

Нидоҳои шодӣ бидеҳ, эй духтари Ерусалим!

Инак, Подшоҳи ту назди ту меояд,

ки одил ва соҳиби наҷот ва ҳалим аст,

ва бар харе, бар курраи бачаи модахар савор аст.

Халосии ояндаи Яҳудо ва Эфроим, ва барқарор гардидани Малакути Худо дар тамоми чаҳон.

10 Ва Ман аробаҳоро аз Эфроим,

ва аспонро аз Ерусалим маҳв хоҳам кард,

ва камони ҷангӣ барҳам хоҳад хӯрд,

ва Ӯ бо халқҳо аз сулҳу осоиштагӣ сухан хоҳад ронд,

ва салтанаташ аз баҳр то баҳр

ва аз наҳр то ақсои замин хоҳад буд.

11 Дар хусуси ту бошад, ба хотири хуни аҳди ту

Ман асирони туро аз чоҳе ки дар он об нест, озод мекунам.

12 Ба истеҳком баргардед, эй асирони умедвор!

Имрӯз низ эълон менамоям: дучандон ба ту талофӣ хоҳам дод.

13 Зеро ки Яҳудоро барои Худ ҳамчун камон хоҳам кашид,

ва онро бо тири Эфроим пур хоҳам кард,

ва писарони туро, эй Сион, ба муқобили писарони ту, эй Юнон,

хоҳам барангехт, ва туро мисли шамшери баҳодур хоҳам гардонид.

14 Ва Худованд бар онҳо зоҳир хоҳад шуд,

ва тири Ӯ мисли барқ берун хоҳад омад;

ва Худованд Худо шох навохта,

дар тундбодҳои ҷанубӣ тохтутоз хоҳад кард.

15 Худованди лашкарҳо онҳоро муҳофизат хоҳад намуд,

ва онҳо сангҳои фалохмонро маҳв ва поймол хоҳанд кард,

ва нӯшида, мисли шаробнӯшидагон ғавғо хоҳанд бардошт,

ва мисли тос, мисли гӯшаҳои қурбонгоҳ пур хоҳанд шуд.

16 Ва Худованд Худои онҳо дар он рӯз онҳоро наҷот хоҳад дод,

қавми Худро мисли гӯсфандон хоҳад чаронид, —

мисли ҷавоҳироти тоҷ, ки бар замини Ӯ медурахшад.

17 Зеро чӣ гуна азим аст ҳусни ӯ ва зебоии ӯ!

Гандум ба ҷавонписарон ва шираи ангур ба ҷавондухтарон нашъунамо хоҳад бахшид.

10

БОБИ ДАҲУМ

Минбаъд мустаҳкам шудани Яҳудо ва Эфроим.

1 Боронро аз Худованд дар мавсими борони охирин биталабед;

Худованд, ки барқҳоро ба вуҷуд меоварад,

ба онҳо борони фаровон хоҳад дод, ва гиёҳ дар киштзори ҳар кас.

2 Зеро ки бутҳо суханони ҳеҷу пуч мегӯянд,

ва ҷодугарон рӯъёҳои дурӯғ мебинанд,

ва хобҳои ботил ҳикоят мекунанд,

бо гапҳои бекора тасаллӣ медиҳанд;

бинобар ин мисли рамае ки пароканда шуда бошад,

овора шуда мегарданд, азобу уқубат мекашанд, чунки чӯпон надоранд.

3 «Хашми Ман бар чӯпонон ба ҷӯш омадааст,

ва сардоронро ҷазо хоҳам дод;

зеро ки Худованди лашкарҳо рамаи Худро, яъне хонадони Яҳудоро тафаққуд хоҳад намуд,

ва онҳоро мисли аспи шавкати Худ дар майдони корзор хоҳад гузошт.

4 Аз Яҳудо санги зовия, аз ӯ мех, аз ӯ камони ҷангӣ,

аз ӯ ҳамаи ҳокимон бо якҷоягӣ мебароянд.

5 Ва онҳо, ҳамчун баҳодурон,

душманро дар ҷанг мисли лои кӯчаҳо поймол хоҳанд намуд,

ва хоҳанд ҷангид, чунки Худованд бо онҳост,

ва аспсаворонро хиҷил хоҳанд кард.

6 Ва Ман хонадони Яҳудоро тақвият хоҳам намуд,

ва хонадони Юсуфро наҷот хоҳам дод,

ва онҳоро хоҳам баргардонид,

зеро ки бар онҳо марҳамат кардаам,

ва онҳо тавре хоҳанд буд, ки гӯё онҳоро ҳаргиз тарк накарда бошам,

зеро ки Ман Худованд Худои онҳо ҳастам,

ва онҳоро иҷобат хоҳам намуд.

7 Ва банӣ‐Эфроим мисли баҳодурон хоҳанд буд,

ва дили онҳо мисли шаробнӯшидагон шод хоҳад гардид;

ва фарзандонашон инро дида, шодӣ хоҳанд кард,

ва дили онҳо дар Худованд ба ваҷд хоҳад омад.

8 Ба онҳо ҳуштак хоҳам кашид, ва онҳоро ҷамъ хоҳам кард,

зеро ки онҳоро фидия дода гирифтаам,

ва афзоиш хоҳанд ёфт, чунон ки пештар афзуда буданд.

Дар бораи парокандагии ояндаи Исроил.

9 Ва онҳоро дар миёни қавмҳо хоҳам кошт,

ва Маро дар ҷойҳои дурдаст ба ёд хоҳанд овард,

ва бо фарзандони худ умр ба сар бурда, хоҳанд баргашт.

10 Ва онҳоро аз замини Миср хоҳам баргардонид,

ва аз Ашшур ҷамъ хоҳам кард;

ва онҳоро ба замини Ҷилъод ва ба Лубнон хоҳам овард,

ва макон барояшон кифоят нахоҳад кард.

11 Ва аз баҳри мусибат убур хоҳанд намуд,

ва мавҷҳоро дар баҳр зарба хоҳанд зад,

ва ҳамаи умқҳои наҳр хушк хоҳад шуд,

ва кибри Ашшур ба залолат хоҳад афтод,

ва чӯбдасти салтанати Миср нест хоҳад шуд.

12 Ва онҳоро дар Худованд тақвият хоҳам намуд,

ва онҳо ба исми Ӯ рафтор хоҳанд кард», мегӯяд Худованд.

11

БОБИ ЁЗДАҲУМ

Дар бораи омадани якуми Масеҳ ва рад карда шуданаш.

1 Дарҳои худро, эй Лубнон, воз кун,

то ки оташ арзҳои туро фурӯ барад.

2 Вовайло намо, эй сарв, зеро ки арз фурӯ ғалтидааст,

зеро ки дарахтони боҳашамат валангор гардидааст;

вовайло кунед, эй булутҳои Бошон,

зеро ки ҷангалистони анбӯҳ ба залолат афтодааст.

3 Садои вовайлои чӯпонон ба гӯш мерасад,

зеро ки шавкаташон валангор шудааст;

садои наъраи шерони ҷавон мебарояд,

зеро кибриёи Урдун валангор гардидааст.

4 Худованд Худои ман чунин мегӯяд: «Гӯсфандони забҳро бичарон,

5 Ки онҳоро харидоронашон мекушанд, ва айбдор дониста намешаванд; ва фурӯшандагонашон мегӯянд: „Муборак аст Худованд, ва ман сарватдор хоҳам шуд“; ва чӯпононашон ба онҳо раҳм намекунанд.

6 Зеро ки Ман ба сокинони ин замин дигар раҳм нахоҳам кард, мегӯяд Худованд; ва инак, Ман одамонро ба дасти якдигар ва ба дасти подшоҳашон таслим хоҳам намуд, ва онҳо заминро торумор хоҳанд кард, ва Ман аз дасташон халосӣ нахоҳам дод».

7 Ва ман гӯсфандони забҳро барои гӯсфандҷаллобон чаронидам; ва ду асо барои худ гирифтам, ки якеро неъмат номидам ва дигареро ваҳдат номидам, ва гӯсфандонро чаронидам.

Ғазаби Худо бар чӯпонони ғаддор.

8 Ва дар як моҳ се чӯпонро нест кардам; ва ҷони ман аз онҳо безор шуд, ва ҷони онҳо низ аз ман нафрат дошт;

9 Ва гуфтам: «Шуморо нахоҳам чаронид; он ки мурданист, бигзор бимирад, он ки гум шуданист, бигзор гум бишавад, ва боқимондагон бигзор гӯшти якдигарро бихӯранд».

10 Ва ман асои худ — неъматро гирифта, шикастам, то аҳдеро, ки бо ҳамаи қавмҳо баста будам, ботил намоям.

11 Ва он дар он рӯз ботил гардид, ва гӯсфандҷаллобон, ки ба ман менигаристанд, донистанд, ки ин каломи Худованд аст.

12 Ва ман ба онҳо гуфтам: «Агар ин дар назари шумо писанд ояд, музди маро бидиҳед, вагар на — надиҳед»; ва онҳо музди маро ба қадри сӣ сиқли нуқра баркашиданд.

13 Ва Худованд ба ман гуфт: «Онро барои кулолгар биандоз, он қимати гаронро, ки аз ҷониби онҳо баҳо дода шудаӣ». Ва ман сӣ сиқли нуқраро гирифта, дар хонаи Худованд барои кулолгар андохтам.

14 Ва асои дуюми худ — ваҳдатро шикастам, то ки бародарии байни Яҳудо ва Исроилро ботил намоям.

15 Ва Худованд ба ман гуфт: «Боз асбоби чӯпони аҳмақеро барои худ бигир.

16 Зеро инак, Ман чӯпонеро дар ин замин хоҳам гузошт, ки даридашудагонро ба ёд нахоҳад овард, гумшудагонро ҷустуҷӯ нахоҳад кард ва маҷрӯҳонро муолиҷа нахоҳад намуд, ба по бархостагонро хӯрок нахоҳад дод, вале гӯшти фарбеҳонро хоҳад хӯрд, ва сумҳои онҳоро хоҳад шикаст.

17 Вой ба ҳоли чӯпони нобакор,

ки гӯсфандонро тарк мекунад!

Шамшер бар бозуяш ва бар чашми росташ зарба хоҳад зад;

бозуяш тамоман хушк хоҳад шуд,

ва чашми росташ тамоман хира хоҳад гардид».

12

БОБИ ДУВОЗДАҲУМ

Ерусалим дар хатар аст, вале Худованд онро аз мусибатҳои азим муҳофизат менамояд.

1 Ваҳйи каломи Худованд дар бораи Исроил. Худованд, ки осмонро густурдааст, ва буньёди заминро ниҳодааст, ва рӯҳи одамизодро андаруни вай ба вуҷуд овардааст, чунин мегӯяд:

2 «Инак, Ман Ерусалимро барои ҳамаи қавмҳои гирду пеш косаи заҳр хоҳам гардонид, ва ин бар Яҳудо низ, вақте ки Ерусалимро муҳосира мекунад, ҷорӣ хоҳад шуд.

3 Ва дар он рӯз чунин воқеъ хоҳад шуд, ки Ерусалимро барои ҳамаи қавмҳо санги гароне хоҳам гардонид, ва ҳамаи касоне ки онро бардоранд, сахт захмдор хоҳанд шуд, зеро ки ба муқобили он ҳамаи халқҳои замин ҷамъ хоҳанд омад.

4 Дар он рӯз, мегӯяд Худованд, Ман ҳар аспро ба даҳшат, ва савори онро ба ҷунун гирифтор хоҳам кард, ва бар хонадони Яҳудо чашмони худро хоҳам кушод, ва ҳар аспи қавмҳоро ба кӯрӣ гирифтор хоҳам сохт.

5 Ва мирони Яҳудо дар дили худ хоҳанд гуфт: „Сокинони Ерусалим дар Худованди лашкарҳо, Худои худ, қуввати ман мебошанд“.

6 Дар он рӯз Ман мирони Яҳудоро мисли манқали оташ дар миёни ҳезум ва мисли машъали сӯзон дар миёни бандҳои гандум хоҳам гардонид, ва онҳо ҳамаи қавмҳои гирду пешро аз тарафи рост ва чап фурӯ хоҳанд бурд, ва Ерусалим боз дар макони худ, яъне дар Ерусалим, маскун хоҳад гардид.

7 Ва Худованд аввал хаймаҳои Яҳудоро наҷот хоҳад дод, то ки шавкати хонадони Довуд ва шавкати сокинони Ерусалим бар Яҳудо фахр накунад.

8 Дар он рӯз Худованд сокинони Ерусалимро муҳофизат хоҳад намуд, ва заифтарини онҳо дар он рӯз мисли Довуд хоҳад буд, ва хонадони Довуд мисли Худо, мисли фариштаи Худованд пешопеши онҳо хоҳанд буд.

9 Ва дар он рӯз чунин воқеъ хоҳад шуд, ки Ман ҳамаи халқҳоеро, ки ба муқобили Ерусалим меоянд, маҳв хоҳам намуд.

Фурӯ рехтани рӯҳи марҳамат ва риққат.

10 Ва бар хонадони Довуд ва бар сокинони Ерусалим рӯҳи марҳамат ва риққатро фурӯ хоҳам рехт, ва онҳо бар Ман, ки найза задаанд, назар хоҳанд дӯхт, ва мисли он ки барои писари ягона навҳа мекунанд, барои Ӯ навҳа хоҳанд кард, ва мисли он ки барои нахустзода мотам мегиранд, барои Ӯ мотам хоҳанд гирифт.

11 Дар он рӯз навҳагарии азиме дар Ерусалим хоҳад шуд, монанди навҳагарии Ҳададримӯн, ки дар водии Маҷидӯн шуда буд.

12 Ва аҳли кишвар навҳагарӣ хоҳанд кард, — ҳар оила алоҳида: оилаи хонадони Довуд алоҳида, ва занони онҳо алоҳида; оилаи хонадони Нотон алоҳида, ва занони онҳо алоҳида;

13 Оилаи хонадони Левӣ алоҳида, ва занони онҳо алоҳида; оилаи Шимъӣ алоҳида, ва занони онҳо алоҳида.

14 Ҳамаи оилаҳои боқимонда — ҳар оила алоҳида, ва занони онҳо алоҳида.

13

БОБИ СЕЗДАҲУМ

Файзи пурра дар Аҳди Ҷадид. Вафоти Чӯпони Бузург.

Пароканда ва аз нав пайваст шудани Рамаи Ӯ.

1 Дар он рӯз барои хонадони Довуд ва сокинони Ерусалим чашмае аз баҳри шустани гуноҳ ва наҷосат кушода хоҳад шуд.

2 Ва дар он рӯз чунин воқеъ хоҳад шуд, мегӯяд Худованди лашкарҳо, ки Ман номҳои бутҳоро аз рӯи замин маҳв хоҳам намуд, ва онҳоро дигар ба ёд нахоҳанд овард; ва анбиёи дорои рӯҳи палидро низ аз замин нест хоҳам кард.

3 Ва чунин воқеъ хоҳад шуд, ки чун касе боз нубувват намояд, падар ва модараш, ки ӯро ба дуньё овардаанд, ба ӯ хоҳанд гуфт: „Ту нахоҳӣ зист, зеро ки ба исми Худованд дурӯғ гуфтӣ“; ва падару модараш, ки ӯро ба дуньё овардаанд, дар вақти нубувват карданаш ӯро теғ хоҳанд зад.

4 Ва дар он рӯз чунин воқеъ хоҳад шуд, ки он анбиё ҳар яке аз рӯъёи худ, дар вақти нубувват кардани худ, хиҷил хоҳанд шуд, ва ридои пашмин аз барои фиреб додан нахоҳанд пӯшид.

5 Ва ҳар яке хоҳад гуфт: „Ман набӣ нестам, балки шахсе ҳастам, ки заминро кор мекунам, зеро ки замин аз наврасиам насибаи ман аст“.

6 Ва ба ӯ хоҳанд гуфт: „Ин доғҳои захм, ки дар миёни бозуҳои туст, чист?“ Ва ӯ ҷавоб хоҳад дод: „Инҳо захмҳоест, ки дар хонаи дӯстдоронам хӯрдаам“».

7 «Эй шамшер! Ба муқобили чӯпони Ман

ва ба муқобили марде ки ҳамдами Ман аст, бархез,

мегӯяд Худованди лашкарҳо;

Чӯпонро бизан, ва гӯсфандон пароканда хоҳанд шуд,

ва Ман дасти Худро бар хурдон хоҳам нигаронид.

8 Ва дар тамоми замин чунин воқеъ хоҳад шуд,

мегӯяд Худованд,

ки ду ҳиссаи он несту нобуд хоҳанд гардид,

ва ҳиссаи сеюмаш дар он боқӣ хоҳад монд.

9 Ва ин ҳиссаи сеюмро ба оташ дохил хоҳам кард,

ва онҳо ро мисли гудозиши нуқра хоҳам гудохт,

ва мисли санҷиши тилло хоҳам санҷид;

онҳо исми Маро хоҳанд хонд, ва Ман онҳоро иҷобат намуда,

хоҳам гуфт: „Ӯ қавми Ман аст!“

Ва ӯ хоҳад гуфт: „Худованд Худои ман аст!“»

14

БОБИ ЧОРДАҲУМ

Ҷамъбасти воқеаҳо дар вақти фаро расидани рӯзи Худованд.

1 Инак рӯзи Худованд фаро мерасад, ва ғанимати ту андаруни ту тақсим хоҳад шуд.

2 Ва ҳамаи халқҳоро ба муқобили Ерусалим барои ҷанг ҷамъ хоҳам кард, ва шаҳр забт хоҳад шуд, ва хонаҳо тороҷ хоҳад гардид, ва занон гирифтори беномӯсӣ хоҳанд шуд, ва нисфи аҳолии шаҳр ба асирӣ хоҳанд рафт, ва бақияи қавм аз шаҳр маҳв нахоҳанд шуд.

3 Ва Худованд берун омада, бо он халқҳо ҷанг хоҳад кард, мисли он рӯзе ки Ӯ, дар рӯзи ҳарбу зарб, ҷангида буд.

Зуҳури ба назар намоёни ҷалол.

4 Ва пойҳои Ӯ дар он рӯз бар кӯҳи Зайтун, ки аз тарафи шарқ рӯ ба рӯи Ерусалим аст, хоҳад истод; ва кӯҳи Зайтун аз миёнааш, аз шарқ то ғарб, ду тақсим шуда, дараи бисьёр калоне ба вуҷуд хоҳад омад, ва нисфи кӯҳ ба тарафи шимол, ва нисфи дигараш ба тарафи ҷануб ақиб хоҳад рафт.

5 Ва шумо сӯи дараи кӯҳҳои Ман хоҳед гурехт, зеро ки дараи кӯҳҳо то Осал хоҳад расид; ва шумо хоҳед гурехт, чунон ки дар айёми Узиё, подшоҳи Яҳудо, аз заминҷунбӣ гурехта будед; ва Худованд Худои ман хоҳад омад, ва ҳамаи муқаддасон ҳамроҳи Ӯ.

6 Ва дар он рӯз чунин воқеъ хоҳад шуд, ки рӯшноӣ нахоҳад буд: абрҳои серборон ях баста, осмонро торик хоҳад кард.

7 Ва он як рӯзи алоҳида хоҳад буд, ва ҳама хоҳанд донист, ки он — рӯзи Худованд аст, ки на рӯз дорад ва на шаб, ва фақат дар вақти шом рӯшноӣ пайдо хоҳад шуд.

8 Ва дар он рӯз чунин воқеъ хоҳад шуд, ки обҳои зинда аз Ерусалим берун хоҳад омад: нисфи онҳо — сӯи баҳри шарқӣ, ва нисфи дигари онҳо — сӯи баҳри ғарбӣ; дар тобистон ва дар зимистон ҳамин тавр хоҳад шуд.

Худованд бар тамоми замин Подшоҳ хоҳад буд.

9 Ва Худованд бар тамоми замин Подшоҳ хоҳад буд; дар он рӯз Худованд Ягона хоҳад буд, ва исми Ӯ — Ягона.

10 Тамоми ин замин, аз Ҷабъ то Риммӯн, ки ба тарафи ҷануби Ерусалим аст, ба даштрӯяе табдил хоҳад ёфт, дар сурате ки Ерусалим боз ҳам баландтар шуда, дар макони худ аз дарвозаи Биньёмин то ҷои дарвозаи аввалин ва то дарвозаи кунҷакӣ, ва аз бурҷи Ҳананъил то чархушти подшоҳ маскун хоҳад гардид.

11 Ва дар он сокин хоҳанд шуд, ва дигар таҳлука нахоҳад буд, ва Ерусалим дар амну амон хоҳад зист.

12 Ва чунин аст офате ки Худованд бар ҳамаи қавмҳое ки ба Ерусалим лашкар кашидаанд, фурӯд хоҳад овард: гӯшти бадани ҳар яке, дар ҳолате ки вай ҳанӯз ба пойҳои худ истода бошад, хоҳад тосид, ва чашмонаш дар косахонаи он хоҳад пӯсид, ва забонаш дар даҳонаш фасод хоҳад кард.

13 Ва дар он рӯз чунин воқеъ хоҳад шуд, ки даҳшати азиме аз ҷониби Худованд дар миёни онҳо ба вуҷуд хоҳад омад, ва дасти якдигарро хоҳанд дошт, ва дасти яке бар зидди дасти дигаре бардошта хоҳад шуд.

14 Ва Яҳудо низ дар Ерусалим хоҳад ҷангид, ва сарвати ҳамаи халқҳои гирду пеш: тилло ва нуқра ва либос ба миқдори бағоят бисьёр ҷамъ карда хоҳад шуд.

15 Ва ҳамчунин офати аспон, хачирон, шутурон ва харон, ва ҳамаи чорпоёне ки дар ӯрдуҳои онҳо ҳаст, монанди ин офат ба амал хоҳад омад.

16 Ва чунин воқеъ хоҳад шуд, ки ҳамаи боқимондагон аз ҳамаи халқҳое ки ба зидди Ерусалим омада буданд, ҳар сол хоҳанд омад, то ки ба Подшоҳ — Худованди лашкарҳо сачда баранд, ва иди хаймаҳоро ид кунанд.

17 Ва чунин воқеъ хоҳад шуд, ки агар ягон қабила аз қабилаҳои рӯи замин ба Ерусалим барои сачда бурдан ба Подшоҳ — Худованди лашкарҳо наоянд, бар онҳо борон нахоҳад борид.

18 Ва агар қабилаи Миср наоянд ва ҳозир нашаванд, бар онҳо на ин ҷазо, балки офате хоҳад омад, ки Худованд онро бар халқҳое ки барои ид кардани иди хаймаҳо намеоянд, фурӯд хоҳад овард.

19 Чунин аст сазои Миср ва сазои ҳамаи халқҳое ки барои ид кардани иди хаймаҳо намеоянд.

20 Дар он рӯз бар зангӯлаҳои аспон чунин нақше хоҳад буд: «Муқаддас аст барои Худованд». Ва дегҳо дар хонаи Худованд мисли тосҳои назди қурбонгоҳ хоҳад буд.

21 Ва ҳар деге ки дар Ерусалим ва Яҳудо ҳаст, муқаддас барои Худованди лашкарҳо хоҳад буд, ва ҳамаи онҳое ки қурбонӣ мекунанд, омада, аз онҳо хоҳанд гирифт ва дар онҳо таом хоҳанд пухт; ва дар он рӯз дигар ҳеҷ савдогаре дар хонаи Худованди лашкарҳо нахоҳад буд.