КИТОБИ

СУРУДИ СУРУДҲО

1

БОБИ ЯКУМ

Муоширати шодиёнаи домод ва арӯс.

1 Суруди сурудҳо, ки аз они Сулаймон аст.

2 Кошки маро бо бӯсаҳои даҳони худ бибӯсад!

Зеро ки ишқбозиҳои ту аз шароб хубтар аст.

3 Равғанҳои атрафшони ту барои бӯидан хуб аст;

исми ту мисли равғани атрафшони рехта мебошад;

бинобар ин дӯшизагон туро дӯст медоранд.

4 Маро аз қафои худ бикаш, то ки бидавем, —

подшоҳ маро ба ҳуҷраҳои худ овард, —

аз ту ба ваҷд оем ва шодӣ кунем,

ишқбозиҳои туро бештар аз шароб ситоиш намоем.

Туро сазоворона дӯст медоранд.

5 Эй духтарони Ерусалим!

Ман сиёҳ ҳастам, вале зебо,

мисли хаймаҳои Қедор,

мисли пардаҳои Сулаймон.

6 Ба он нигоҳ накунед, ки ман сиёҳтоб ҳастам,

зеро ки офтоб маро сӯзонд:

писарони модарам ба ман хашм гирифтанд,

маро дидбони токзорҳо карданд;

лекин токзори худро натавонистам дидбонӣ намоям.

7 Эй он ки ҷонам туро дӯст медорад!

Ба ман бигӯй, ки дар куҷо мечаронӣ?

Пешингоҳон рамаро куҷо мехобонӣ?

Чаро назди рамаҳои рафиқони ту

мисли зани гумроҳе бошам?

8 Эй нозанинтарини занон!

Агар надонӣ,

аз паи рама берун ой,

ва бузғолаҳоятро

назди масканҳои чӯпонон бичарон.

9 Эй ёри ман! Туро ба аспе

ки дар аробаи фиръавн аст, монанд кардам.

10 Чӣ зебост рухсорҳои ту дар миёни зеварҳо,

гардани ту бо гарданбанд!

11 Шилшилаҳои тилло бо пулакчаҳои нуқра барои ту хоҳем сохт.

12 То вақте ки подшоҳ бар нишемангоҳи худ буд,

сунбули ман роиҳаи худро медод.

13 Маҳбуби ман барои ман таблаи мур аст,

ки дар миёни пистонҳоям мехобад.

14 Маҳбуби ман барои ман шингили гули ҳиност,

ки дар токзорҳои Айн‐Ҷадӣ месабзад.

15 Инак, ту нозанин ҳастӣ, эй ёри ман!

Инак, ту нозанин ҳастӣ! Чашмонат мисли чашмони кабӯтар аст.

16 Инак, ту нозанин ҳастӣ, эй маҳбуби ман!

Низ дилпазир ҳастӣ;

низ ҳаҷлаи мо сабзу хуррам аст.

17 Болорҳои хонаи мо арзҳост;

вассаҳои мо сарвҳост.

2

БОБИ ДУЮМ

Арӯс ба вохӯрӣ бо домод муштоқ аст.

1 Ман наргиси Шорӯн,

савсани водиҳо ҳастам.

2 Чунон ки савсан дар миёни хорҳост,

ончунон ёри ман дар миёни духтарон аст.

3 Чунон ки дарахти себ дар миёни дарахтони ҷангал аст,

ончунон маҳбуби ман дар миёни амрадон аст;

дар сояи ӯ бо иштиёқ нишастам,

ва меваи ӯ барои коми ман ширин аст.

4 Ӯ маро ба шаробхона овард,

ва байрақи ӯ бар сари ман муҳаббат аст.

5 Маро бо кулчаҳои мавизӣ қувват бахшед,

маро бо себҳо тақвият диҳед!

Зеро ки ман барои муҳаббат бемор ҳастам.

6 Дасти чапаш дар таги сари ман аст,

ва дасти росташ маро ба оғӯш мекашад.

7 Эй духтарони Ерусалим!

Шуморо ба оҳувон ё ғизолони саҳро қасам медиҳам,

ки маҳбубамро, то вақте ки худаш хоҳад,

бедор накунед ва аз хоб нахезонед.

8 Овози маҳбуби ман аст!

Инак, ӯ меояд!

Бар кӯҳҳо ҷастухез мекунад,

бар талҳо мепарад.

9 Маҳбуби ман мисли оҳу ё барраи ғизолон аст;

инак, ӯ дар пушти тавораи мо истодааст,

аз тирезаҳо назар меандозад,

аз равзанҳо менигарад.

10 Маҳбуби ман ба сухан оғоз намуда, ба ман гуфт:

«Эй ёри ман, эй нозанини ман,

бархез ва биё!

11 Инак, зимистон гузашт,

борон аз бориш монда, абрҳо рафт.

12 Муғчаҳо бар замин намудор шуд,

вақти хониши паррандагон расид,

ва овози қумрӣ дар кишвари мо шунида мешавад;

13 Дарахти анҷир бор гирифтааст,

ва токҳо ғӯра баста, роиҳаи хуш медиҳад.

Эй ёри ман, эй нозанини ман,

бархез ва биё!

14 Эй кабӯтари ман, ки дар сӯрохҳои сахра,

дар ниҳонгоҳи суфакӯҳ қарор гирифтаӣ!

Чеҳраи худро ба ман нишон деҳ,

овози худро ба ман бишнавон,

зеро ки овози ту хуш аст,

ва чеҳраи ту зебост».

15 Шағолҳоро — шағолҳои хурдеро,

ки ба токзорҳо зарар меоваранд, — барои мо

дастгир кунед, чунки токзорҳои мо ғӯра бастааст.

16 Маҳбуби ман аз они ман аст, ва ман аз они ӯ;

ӯ дар миёни савсанҳо мечаронад.

17 То вақте ки субҳ бидамад,

ва сояҳо бигрезад, эй маҳбуби ман, баргард,

бар кӯҳпораҳо мисли оҳу ё барраи ғизолон бош.

3

БОБИ СЕЮМ

Садоқатмандии ёр.

1 Шабонгоҳ бар бистари худ ӯро,

ки ҷонам дӯст медорад, ҷустуҷӯ кардам;

ӯро ҷустуҷӯ кардам, вале ӯро наёфтам.

2 Пас, бархоста, дар шаҳр,

дар кӯчаҳо ва майдонҳо гардиш мекунам;

ӯро, ки ҷонам дӯст медорад, ҷустуҷӯ мекунам;

ӯро ҷустуҷӯ кардам, вале ӯро наёфтам.

3 Посбонҳое ки дар шаҳр гаштугузор мекунанд,

маро ёфтанд.

«Оё ӯро, ки ҷонам дӯст медорад, дидаед?»

4 Навакак аз пеши онҳо гузашта будам,

ки ӯро, ки ҷонам дӯст медорад, ёфтам;

ӯро дошта гирифтам, ва ӯро сар надодам,

то вақте ки ӯро ба ҳавлии модари худ

ва ба ҳуҷраи волидаи худ овардам.

5 Эй духтарони Ерусалим!

Шуморо ба оҳувон ё ғизолони саҳро қасам медиҳам,

ки маҳбубамро, то вақте ки худаш хоҳад,

бедор накунед ва аз хоб нахезонед.

6 Ин кист, ки аз биёбон

мисли сутунҳои дуд сууд менамояд,

ва аз бухури мур ва лодан

ва ҳар навъ хокаи атрафшони резаворфурӯш муаттар шудааст?

7 Инак тахти равони Сулаймон!

Шаст нафар паҳлавонон дар гирди он,

аз паҳлавонони Исроил.

8 Ҳамаи онҳо шамшердор

ва ҷангозмуда мебошанд;

шамшери ҳар яке,

аз бими шаб, бар рони ӯст.

9 Сулаймони подшоҳ тахти равоне барои худ

аз дарахтони Лубнон сохтааст;

10 Сутунҳои онро аз нуқра,

соябони онро аз тилло,

нишемангоҳи онро аз арғувон сохтааст;

даруни он бо муҳаббати

духтарони Ерусалим ороиш ёфтааст.

11 Эй духтарони Сион!

Берун оед ва Сулаймони подшоҳро бубинед,

бо тоҷе ки модараш дар рӯзи тӯи арӯсии ӯ,

ва дар рӯзи шодмонии дили ӯ

бар сари ӯ ниҳодааст.

4

БОБИ ЧОРУМ

Домод дар бораи фазилатҳои арӯс сухан меронад.

1 Инак, ту нозанин ҳастӣ, эй ёри ман!

Инак, ту нозанин ҳастӣ!

Чашмонат аз пушти бурқаи ту мисли чашмони кабӯтар аст;

мӯйҳоят мисли рамаи бузҳоест,

ки аз кӯҳи Ҷилъод мавҷзанон фурӯд меоянд.

2 Дандонҳоят мисли рамаи мешҳои пашмбуридаест,

ки аз шустан баромадаанд,

ва ҳамаашон экизаквор ҷуфт‐ҷуфт мебошанд,

ва нуқсоне дар онҳо нест.

3 Лабҳоят мисли риштаи қирмизӣ аст,

ва даҳонат зебост;

рухсорҳоят аз пушти бурқаи ту

мисли нимаҳои анор аст.

4 Гарданат мисли бурҷи Довуд аст,

ки барои кӯрхона бино ёфтааст;

ҳазор сипар, — ҳамаи сипарҳои паҳлавонон, —

бар он овезон аст.

5 Ду пистонат мисли ду оҳубараи

экизаки модаоҳу мебошад,

ки дар миёни савсанҳо мечаранд.

6 То вақте ки субҳ бидамад,

ва сояҳо бигрезад, ба кӯҳи мур

ва ба тали лодан хоҳам рафт.

7 Ту сар то по нозанин ҳастӣ, эй ёри ман!

Ва нуқсоне дар ту нест.

8 Аз Лубнон бо ман, эй арӯс,

аз Лубнон бо ман биё!

Аз қуллаи Амона,

аз қуллаи Сенир ва Ҳермӯн,

аз лонаҳои шерон,

аз кӯҳҳои баброн назар андоз.

9 Дили маро рабудаӣ, эй хоҳар ва арӯси ман!

Бо як нигоҳи чашмони худ,

бо як тавқе ки бар гардани туст, дили маро рабудаӣ.

10 Чӣ хуш аст ишқбозиҳои ту, эй хоҳар ва арӯси ман!

Чӣ хубтар аст ишқбозиҳои ту аз шароб,

ва роиҳаи равғанҳои атрафшони ту

аз тамоми атриёт!

11 Аз лабҳоят шаҳд мечакад, эй арӯс!

Асал ва шир дар таҳти забони туст,

ва роиҳаи пероҳанат мисли роиҳаи Лубнон аст.

12 Хоҳар ва арӯси ман боғи дарбаста,

чашмаи қуфлкарда, манбаи мӯҳрзада мебошад.

13 Ниҳолҳоят фирдавси анорҳост бо дарахтони меваи хуштаъм;

гулҳои ҳиност бо сунбулҳо;

14 Сунбул ва заъфар, наи атрогин ва дорчин

аст бо ҳар навъ дарахтони лодан;

мур ва уд аст бо ҳар гуна атриёти сара.

15 Чашмаи боғот

ва чоҳи оби зинда аст,

ки аз Лубнон ҷорист.

Ҷавоби арӯс.

16 Эй боди шимолӣ, бархез!

В‐эй боди ҷанубӣ, биё!

Бар боғи ман биваз,

то ки атрҳояш паҳн шавад,

маҳбуби ман ба боғи худ биёяд

ва меваҳои хуштаъми худро бихӯрад.

5

БОБИ ПАНҶУМ

Овози домод.

1 Ба боги худ омадам, эй хоҳар ва арӯси ман!

Мури худро бо атри худ чидам, шони худро бо асали худ хӯрдам,

шароби худро бо шири худ нӯшидам.

Эй ёрон, бихӯред!

Эй маҳбубон, бинӯшед ва маст шавед!

Арӯс аз фироқ андӯҳгин аст ва ҷамоли домодро ситоиш мекунад.

2 Ман дар хоб ҳастам, вале дилам бедор аст;

садое шунидам: маҳбуби ман дарро мекӯбад.

«Барои ман бикшо, эй хоҳари ман, эй ёри ман,

эй кабӯтари ман, эй покизаи ман!

Чунки сарам аз шабнам,

ва зулфҳоям аз рутубати шаб пур аст».

3 Пероҳанамро кашидаам;

чӣ гуна онро бипӯшам?

Пойҳоямро шустаам;

чӣ гуна онҳоро чиркин кунам?

4 Маҳбуби ман дасташро аз сӯрохи дар дароз кард,

ва дилам барои ӯ биошуфт.

5 Ман бархостам, то ки барои маҳбуби худ бикшоям,

ва аз дастам мур чакид,

ва аз ангуштҳоям мури

покиза бар дастаи қуфл чакид.

6 Ман барои маҳбуби худ кушодам,

вале маҳбуби ман сар тофта рафта буд.

Вақте ки сухан гуфт, ҷонам дар изтироб афтод;

ӯро ҷустуҷӯ кардам, вале ӯро наёфтам;

ӯро ҷеғ задам, вале ба ман ҷавоб нагардонд.

7 Посбонҳое ки дар шаҳр гаштугузор мекунанд,

маро ёфтанд;

маро заданд, маро захмдор карданд;

посбонҳои ҳисорҳо сарандози маро аз сарам кашида гирифтанд.

8 Эй духтарони Ерусалим!

Шуморо қасам медиҳам,

ки агар маҳбуби маро биёбед, ба ӯ бигӯед,

ки ман барои муҳаббат бемор ҳастам.

9 «Маҳбуби ту аз маҳбубони дигар чӣ хубӣ дорад,

эй нозанинтарини занон?

Маҳбуби ту аз маҳбубони дигар чӣ бартарӣ дорад,

ки моро чунин қасам медиҳӣ?»

10 Маҳбуби ман сафедпӯст ва сурхрухсор аст,

бар беваре баланд бардошта шудааст.

11 Сари ӯ зари сурхи холис аст;

зулфҳояш марғӯладор

ва мисли зоғ сиёҳ аст.

12 Чашмонаш мисли кабӯтарони

назди маҷроҳои об аст,

ки дар шир ғусл мекунанд

ва бар ҷӯйбори пуроб менишинанд.

13 Рухсорҳояш пуштаҳои райҳон,

парваришгоҳи гиёҳҳои атрафшон аст;

лабҳояш савсанҳост,

ки аз онҳо мури покиза мечакад.

14 Дастҳояш лӯлаҳои тиллост,

ки бо забарҷад мурассаъ шудааст;

баданаш ҳайкале аз оҷ аст,

ки аз ёқути кабуд хотамкорӣ дорад.

15 Соқҳояш сутунҳои мармар аст,

ки бар пояҳои зари холис таъсис ёфтааст;

шамоилаш мисли Лубнон аст,

мисли арз боҳашамат аст.

16 Даҳонаш ширинсухан аст,

ва ӯ сар то по фаттон аст;

чунин аст маҳбуби ман, ва чунин аст ёри ман,

эй духтарони Ерусалим!

6

БОБИ ШАШУМ

Шодии дидор.

1 Маҳбуби ту куҷо рафтааст,

эй нозанинтарини занон?

Маҳбуби ту ба куҷо рӯ овардааст?

Ӯро бо ту ҷустуҷӯ хоҳем кард.

2 Маҳбуби ман ба боғи худ,

ба пуштаҳои райҳон фурӯд омадааст,

то ки дар боғот бичаронад

ва савсанҳо бичинад.

3 Ман аз они маҳбуби худ ҳастам, ва маҳбуби ман аз они ман аст;

ӯ дар миёни савсанҳо мечаронад.

4 Эй ёри ман! Ту мисли Тирсо нозанин,

мисли Ерусалим зебо

ва мисли фавҷҳои байрақдор саҳмгин ҳастӣ.

5 Чашмонатро аз ман дур соз,

чунки онҳо маро ба ҳаяҷон меоваранд;

мӯйҳоят мисли рамаи бузҳоест,

ки аз Ҷилъод мавҷмонанд фурӯд меоянд.

6 Дандонҳоят мисли рамаи мешҳоест,

ки аз шустан баромадаанд,

ва ҳамаашон экизаквор ҷуфт‐ҷуфт мебошанд,

ва нуқсоне дар онҳо нест.

7 Рухсорҳоят аз пушти бурқаи ту

мисли нимаҳои анор аст.

8 Агарчи шаст нафар маликаҳо ва ҳаштод нафар сурриягон ҳастанд,

ва дӯшизагон сону шумор надоранд,

9 Лекин кабӯтари ман, покизаи ман ягона аст:

ӯ ягонаи модари худ,

мумтози волидаи худ мебошад.

Духтарон ӯро диданд ва ҳамду сано ба ӯ хонданд,

маликаҳо ва сурриягон ӯро ситоиш карданд.

10 «Ин кист, ки мисли шафақи субҳ дурахшон аст,

мисли моҳ нозанин аст,

мисли офтоб тобон аст,

мисли фавҷҳои байрақдор саҳмгин аст?»

11 Ба боғи чормағз фурӯд омадам,

то ки сабзазори водиро тамошо кунам,

то бубинам, ки оё ток гул кардааст,

ва оё анор муғҷа кушодааст?

12 Надонистам, ки ҷони ман чӣ гуна маро

ба аробаҳои наҷибони қавми ман ҷазб намуд.

7

БОБИ ҲАФТУМ

Муоширати дӯстона.

1 Баргард, баргард, эй Шуламит!

Баргард, баргард, то ки ба ту назар кунем.

Ба Шуламит чӣ назар мекунед,

вақте ки ӯ дар миёни ду лашкаргоҳ мерақсад?

2 Чӣ зебост пойҳоят дар кафшҳо,

эй духтари наҷиб! Суринҳоят мисли зеварҳост,

ки амали дастҳои санъатгар аст.

3 Нофат косаи мудаввар аст,

ки шароби дорувордор дар он камӣ намекунад.

Батнат хирмани гандум аст,

ки бо савсанҳо ороиш ёфтааст.

4 Ду пистонат мисли ду оҳубараи

экизаки модаоҳу мебошад.

5 Гарданат мисли бурҷи оҷ аст;

чашмонат мисли ҳавзҳои Ҳешбӯн

дар назди дарвозаи Батрабим аст;

биниат мисли бурҷи Лубнон аст,

ки ба сӯи Димишқ нигаронида шудааст.

6 Сарат бар ту мисли Кармил аст,

ва кокули сарат мисли арғувон аст;

подшоҳ ба турраҳояш гирифтор шудааст.

7 Чӣ нозанин ҳастӣ ва чӣ дилпазир,

эй маҳбуба, дар ҳаловатҳо!

8 Ин қоматат ба нахл монанд аст,

ва пистонҳоят — ба шингилҳои меваи он.

9 Гуфтам, ки бар нахл баромада,

навдаҳояшро нигоҳ хоҳам дошт;

ва пистонҳоят мисли шингилҳои ангур хоҳад буд,

ва роиҳаи нафасат — мисли себҳо,

10 Ва даҳонат — мисли шароби ноб.

Он ба гулӯи маҳбуби ман бемалол фурӯ меравад,

лабҳои хуфтагонро ба ҳаракат меоварад.

11 Ман аз они маҳбуби худ ҳастам,

ва иштиёқи ӯ бар ман аст.

12 Биё, эй маҳбуби ман, ба сайри саҳро бароем,

дар деҳот шаб гузаронем,

13 Бомдодон ба токзорҳо биравем:

бубинем, ки оё ток гул карда,

ғӯра бастааст

ва оё анорҳо муғҷа кушодааст?

Дар он ҷо ишқбозиҳоямро ба ту хоҳам бахшид.

14 Роиҳаи меҳргиёҳҳо меояд,

ва назди дарҳои мо ҳар навъ меваҳои хуштаъми тару тоза

ва кӯҳна мавҷуд аст:

онҳоро барои ту, эй маҳбуби ман, саришта кардаам.

8

БОБИ ҲАШТУМ

Садоқатмандии абадии пайвандшудагон.

1 Кошки ту барои ман бародаре

ки пистонҳои модари маро макидааст, мебудӣ!

Он гоҳ, дар берун бо ту вохӯрда, туро мебӯсидам,

ва маро мазаммат намекарданд;

2 Барои ту роҳбалад мешудам ва туро

ба хонаи модарам меовардам, ки вай маро таълим додааст;

туро аз шароби дорувордор, аз шарбати анори худ менӯшонидам.

3 Дасти чапаш дар таги сари ман аст,

ва дасти росташ маро ба оғӯш мекашад.

4 Эй духтарони Ерусалим!

Шуморо қасам медиҳам,

ки маҳбубамро, то вақте ки худаш хоҳад,

бедор накунед ва аз хоб нахезонед.

5 Ин кист, ки аз биёбон, бар маҳбуби худ такья карда,

сууд менамояд?

Дар таги дарахти себ туро бедор кардам;

он ҷо модарат туро зоидааст.

6 Маро мисли мӯҳре бар дили худ,

мисли мӯҳре бар бозуи худ бигузор;

зеро ки муҳаббат мисли марг пурзӯр аст,

ва рашки он мисли дӯзах бераҳм аст;

барқҳои он барқҳои оташ аст,

алангаи илоҳист.

7 Обҳои бисьёр наметавонад муҳаббатро хомӯш кунад,

ва наҳрҳо наметавонад онро фурӯ нишонад.

Агар касе тамоми сарвати хонаи худро барои

муҳаббат бидиҳад,

аз ӯ албатта нафрат хоҳанд кард.

8 Моро хоҳари хурде ҳаст,

Ва ӯ пистон надорад;

бо хоҳари худ чӣ кор кунем,

вақте ки ӯро хостгор шаванд?

9 Агар ӯ ҳисор мебуд,

назди ӯ кӯшки нуқра бино мекардем;

ва агар ӯ дарвоза мебуд,

бар вай ғалақае аз чӯби арз мехкӯб мекардем.

10 Ман ҳисор ҳастам, ва пистонҳоям мисли бурҷҳост;

бинобар ин дар назари ӯ мисли чашмаи саодат будам.

11 Сулаймон токзоре дар Баал‐Ҳамӯн дошт;

токзорро ба дидбонон супурд;

ҳар кас барои меваи он ҳазор нуқра медод.

12 Аммо токзори ман назди ман аст.

Барои ту, эй Сулаймон, ҳазор,

ва барои дидбонони меваи он дусад хоҳад буд.

13 Эй он ки дар боғот менишинӣ!

Рафиқон ба овози ту гӯш медиҳанд;

онро ба ман бишнавон!

14 Бигрез, эй маҳбуби ман!

Ва мисли оҳу ё барраи ғизолон

бар кӯҳҳои атриёт бош.