КИТОБИ
РУТ
1БОБИ ЯКУМ
Рут азм намуда, бо Ноомӣ ба Байт‐Лаҳм меравад.
1 Ва воқеъ шуд дар айёми ҳокимияти доварон, ки бар замин қаҳтӣ падид омад. Ва марде аз Байт‐Лаҳми Яҳудо рафт, то ки дар ноҳияи Мӯоб маскан гирад, — ӯ ва занаш, ва ду писараш.
2 Номи он мард Элимелех буд, ва номи занаш — Ноомӣ, ва номи ду писараш — Маҳлӯн ва Килйӯн. Онҳо эфротиёни Байт‐Лаҳми Яҳудо буданд, ва ба ноҳияи Мӯоб омада, дар он сокин шуданд.
3 Ва Элимелех, шавҳари Ноомӣ, мурд, ва ӯ бо ду писараш монд.
4 Онҳо барои худ занони мӯобия гирифтанд, ки номи яке Орфо ва номи дигаре Рут буд; ва дар он ҷо қариб даҳ сол иқомат карданд.
5 Ва ҳар дуяшон — Маҳлӯн ва Килйӯн низ мурданд; ва он зан аз ду фарзандаш ва аз шавҳараш маҳрум монд.
6 Ва ӯ бо келинҳои худ бархост, то ки аз ноҳияи Мӯоб баргардад, зеро дар ноҳияи Мӯоб шунид, ки Худованд қавми Худро тафаққуд намуда, ба онҳо нон додааст;
7 Ва аз маконе ки дар он иқомат дошт, берун омад, ва ду келинаш ҳамроҳи ӯ буданд; ва роҳсипор шуданд, то ки ба замини Яҳудо баргарданд.
8 Ноомӣ ба ду келини худ гуфт: «Биравед, ва ҳар яке ба хонаи модари худ баргардед. Бигзор Худованд ба шумо эҳсон кунад, чунон ки шумо ба мурдагон ва ба ман кардед!
9 Бигзор Худованд ба шумо ато кунад, ки ҳар кадоматон дар хонаи шавҳари худ фароғат ёбед!» Ва онҳоро бӯса кард. Вале онҳо овози худро баланд карда, гиристанд,
10 Ва ба ӯ гуфтанд, ки «бо ту назди қавми ту хоҳем баргашт».
11 Валекин Ноомӣ гуфт: «Баргардед, духтаронам! Чаро ҳамроҳи ман меоед? Оё ҳанӯз дар амъои ман писарон ҳастанд, ки барои шумо шавҳар шаванд?
12 Баргардед, духтаронам, биравед! Зеро ки ман пир шудаам ва наметавонам шавҳар кунам. Ҳатто агар мегуфтам, ки „ҳанӯз умеде дорам“, ва худи ҳамин шаб шавҳар мекардам ва писарон низ мезоидам, —
13 Оё ба онҳо то дами калон шуданашон интизорӣ хоҳед кашид? Оё аз барои онҳо худро аз шавҳар кардан хоҳед боздошт? Не, духтаронам! Қисмати шумо барои ман бағоят ғамангез аст; дар асл, дасти Худованд ба ман шикаст расондааст».
14 Онҳо боз овози худро баланд карда, гиристанд. Ва Орфо модаршӯи худро бӯсида, видоъ кард, вале Рут бо ӯ монд;
15 Ва ӯ гуфт: «Инак, дағечат назди қавми худ ва назди худоёни худ баргашт; ту низ аз паси дағечат баргард».
16 Вале Рут гуфт: «Маро водор накун, ки туро тарк намоям ва аз пеши ту баргардам, зеро ба ҳар ҷое ки ту биравӣ, хоҳам рафт, ва дар ҳар ҷое ки ту иқомат кунӣ, иқомат хоҳам кард: қавми ту қавми ман ва Худои ту Худои ман хоҳад буд;
17 Дар ҳар ҷое ки ту бимирӣ, хоҳам мурд ва дар он ҷо дафн хоҳам шуд. Бигзор Худованд дар ҳаққи ман чунин ва чунин кунад ва зиёда аз он кунад, агар чизе ғайр аз марг маро аз ту ҷудо кунад!»
18 Чун ӯ дид, ки вай азми қавӣ дорад ҳамроҳи ӯ биравад, дигар ба вай сухане нагуфт.
19 Ва ҳар дуяшон равона шуданд, то даме ки ба Байт‐Лаҳм расиданд. Ва ҳангоме ки ба Байт‐Лаҳм ворид шуданд, тамоми аҳли шаҳр аз онҳо ба ҳаяҷон омаданд, ва занон гуфтанд: «Оё ин Ноомист?»
20 Ба онҳо гуфт: «Маро Ноомӣ+ 1:20 Дилпазир. нахонед, балки Марро+ 1:20 Талхком. бихонед, зеро ки Қодир талхии зиёде бар сарам овард:
21 Ман пурганҷ рафта будам, ва Худованд маро тиҳидаст баргардонд. Пас, чаро маро Ноомӣ мехонед, дар сурате ки Худованд маро ба азобу уқубат гирифтор кардааст, ва Қодир бадбахтӣ бар сарам овардааст?»
22 Ва Ноомӣ чунин баргашт, ва келинаш — Рути мӯобия, ки аз ноҳияи Мӯоб баргашта буд, ҳамроҳи ӯ буд; ва онҳо дар ибтидои дарави ҷав ба Байт‐Лаҳм ворид шуданд.
2БОБИ ДУЮМ
Рут хизмат мекунад.
1 Ноомӣ хешованде аз тарафи шавҳари худ дошт, ки марди паҳлавони сарватдоре аз хонаводаи Элимелех буд, ва номаш — Бӯаз.
2 Ва Рути мӯобия ба Ноомӣ гуфт: «Мехоҳам ба киштзор равам ва аз қафои касе ки дар назараш илтифот ёбам, хӯшачинӣ кунам». Ба вай гуфт: «Бирав, духтарам».
3 Вай рафт ва ба киштзоре даромада, аз қафои даравгарон хӯшачинӣ кард. Ва чунин тасодуф шуд, ки он қитъаи киштзор ба Бӯаз, ки аз хонаводаи Элимелех буд, тааллуқ дошт.
4 Ва инак, Бӯаз аз Байт‐Лаҳм омад ва ба даравгарон гуфт: «Худованд бо шумо бод!» Ба ӯ гуфтанд: «Худованд туро баракат диҳад!»
5 Ва Бӯаз ба навкари худ, ки назди даравгарон гузошта буд, гуфт: «Ин ҷавонзан аз они кист?»
6 Навкаре ки назди даравгарон буд, ҷавоб дода, гуфт: «Вай ҷавонзани мӯобия аст, ки бо Ноомӣ аз ноҳияи Мӯоб баргаштааст;
7 Вай ба ман гуфт, ки „мехоҳам аз қафои даравгарон дар миёни бандҳо хӯшаҳоро чида ҷамъ кунам“. Ва омада, аз худи саҳарӣ то алҳол ба по истод; фақат акнун андаке дар хона нишастааст».
8 Ва Бӯаз ба Рут гуфт: «Бишнав, духтарам, барои хӯша чидан ба киштзори дигар нагузар ва аз ин ҷо низ нарав, балки ҳамроҳи канизони ман дар ин ҷо бош.
9 Бигзор чашмонат ба киштзоре бошад, ки медараванд, ва аз қафояшон бирав. Ман ба навкарон амр фармудам, ки ба ту дастдарозӣ накунанд. Ҳар гоҳ ташна монӣ, назди зарфҳо бирав ва аз обе ки навкарон мекашанд, бинӯш».
10 Вай бар рӯи худ афтода, то ба замин таъзим кард ва ба ӯ гуфт: «Чаро дар назарат илтифот ёфтаам, ки маро бишиносӣ, ва ҳол он ки ман аҷнабизане ҳастам?»
11 Бӯаз ба вай ҷавоб дода, гуфт: «Ҳар он чи ту пас аз вафоти шавҳарат барои модаршӯи худ кардаӣ, ба ман ҳикоят карда шуд, яъне ту падари худ ва модари худ ва замини зодгоҳи худро тарк кардаӣ ва назди қавме омадаӣ, ки дирӯз ва парирӯз онро намешинохтӣ.
12 Бигзор Худованд аъмоли туро подош диҳад, ва музди ту аз ҷониби Худованд Худои Исроил комил бошад, ки ту омадаӣ, то дар таҳти болҳои Ӯ паноҳ барӣ!»
13 Вай гуфт: «Бигзор дар назари ту ман илтифот ёбам, оғои ман! Ту маро тасаллӣ додӣ, ва бо суханонат дили канизи худро бардоштӣ, агарчи ман сазовори он нестам, ки мисли яке аз канизони ту бошам».
14 Ва чун вақти хӯрок расид, Бӯаз ба вай гуфт: «Ин ҷо биё ва нон бихӯр ва луқмаи худро дар сирко биғӯтон». Вай назди даравгарон нишаст, ва ӯ хӯшаҳои бирьён ба вай дароз кард; вай хӯрда сер шуд, ва боз боқӣ монд.
15 Ва барои хӯша чидан бархост. Ва Бӯаз ба навкарони худ амр фармуда, гуфт: «Бигзор вай дар миёни бандҳо низ бичинад, ва осебе ба вай нарасонед;
16 Аз қучоқҳо низ барои вай бароварда партоед, то бичинад, ва таънае бар вай назанед».
17 То бегоҳӣ вай дар он киштзор хӯшачинӣ кард, ва он чи чида буд, кӯфт, ва қариб як эфа+ 2:17 Эфа андозаи ғалладона, ки ҳаҷмаш ба 40 литр баробар буд. ҷав баромад;
18 Онро бардошта, ба шаҳр омад, ва он чи чида буд, модаршӯяш дид. Ва он чи пас аз сер шуданаш боқӣ монда буд, бароварда ба ӯ дод.
19 Ва модаршӯяш ба вай гуфт: «Имрӯз дар куҷо чидӣ ва дар куҷо кор кардӣ? Бигзор он валинеъмати ту баракат ёбад!» Вай ба модаршӯяш аз касе ки наздаш кор карда буд, хабар дода, гуфт: «Номи касе ки наздаш имрӯз кор кардам, Бӯаз аст».
20 Ва Ноомӣ ба келини худ гуфт: «Бигзор ӯ баракат ёбад аз ҷониби Худованд, ки эҳсони худро ба зиндагон ва мурдагон бас накардааст!» Ва Ноомӣ ба вай гуфт: «Он мард ба мо наздик аст; ӯ аз фидиягузорони+ 2:20 Фидиягузорон хешҳои наздик. Дар замони қадим касе агар мурда, фарзанде аз ӯ намемонд, яке аз ин хешҳои наздикаш қитъаи замини ӯро фидия дода мехарид ва дар айни замон зани ӯро ба никоҳи худ медаровард, то ки аз вай фарзанде ба дуньё оварда, номи он марҳумро зинда кунад. мост».
21 Рути мӯобия гуфт: «Ӯ ҳатто ба ман гуфт, ки „ҳамроҳи канизони ман бош, то вақте ки тамоми дарави маро ба итмом расонанд“».
22 Ва Ноомӣ ба келини худ — Рут гуфт: «Хуб аст, духтарам, ки ҳамроҳи канизони ӯ берун оӣ, ва дар киштзори дигар ба ту дастдарозӣ накунанд».
23 Вай ба канизони Бӯаз ҳамроҳ шуда, хӯшачинӣ кард, то вақте ки дарави ҷав ва дарави гандум ба итмом расид; ва бо модаршӯи худ иқомат дошт.
3БОБИ СЕЮМ
Вохӯрӣ бо Бӯаз. Рут фароғат меёбад.
1 Ва модаршӯяш — Ноомӣ ба вай гуфт: «Эй духтарам, оё маро лозим нест, ки бароят ҷои фароғат биҷӯям, то ки барои ту хуб бошад?
2 Ва акнун, оё Бӯаз, ки ҳамроҳи канизони ӯ будӣ, хешованди мо нест? Инак, ӯ имшаб дар хирмангоҳ ҷавро бод мекунад;
3 Ту ғусл бикун, ва равған бимол, ва пероҳани худро бипӯш, ва ба хирмангоҳ фурӯд ой, лекин худро ба он мард нишон надеҳ, то вақте ки хӯрдан ва нӯшиданашро тамом кунад.
4 Ва ҳангоме ки бихобад, ҷоеро, ки ӯ хобид, дар хотир бидор, ва омада, пеши пойҳои ӯро бикушо ва бихоб. Ӯ ба ту хоҳад гуфт, ки чӣ кор бояд бикунӣ».
5 Вай ба ӯ гуфт: «Ҳар он чи ба ман гуфтӣ, ба ҷо хоҳам овард».
6 Ва ба хирмангоҳ фурӯд омад, ва ҳар он чи модаршӯяш ба вай амр фармуда буд, ба ҷо овард.
7 Бӯаз хӯрок хӯрд, ва нӯшид, ва дилшод шуд, ва дар канори хирман омада хобид. Пас вай оҳистаяк омада, пеши пойҳои ӯро кушод ва хобид.
8 Нисфи шаб он мард ба изтироб омад ва як қад парида хест, ва инак, зане пеши пойҳои ӯ хобидааст;
9 Ва гуфт: «Ту кистӣ?» Гуфт: «Ман канизи ту — Рут ҳастам; боли худро бар канизи худ паҳн намо, зеро ки ту фидиягузор ҳастӣ».
10 Гуфт: «Эй духтарам! Ту аз ҷониби Худованд баракат хоҳӣ ёфт, зеро ки ин эҳсони охирини худро назар ба аввала хубтар ба ҷо овардӣ, бе он ки аз қафои ҷавонони хоҳ бенаво ва хоҳ сарватдор биравӣ.
11 Ва акнун, духтарам, натарс: ҳар он чи гуфтӣ, барои ту хоҳам кард, зеро ки назди ҳар дарвоза қавми ман медонанд, ки ту зани солеҳа ҳастӣ.
12 Ва акнун, дуруст аст, ки ман фидиягузор ҳастам, валекин фидиягузори аз ман наздиктаре низ ҳаст.
13 Имшаб дар ҳамин ҷо бимон, ва пагоҳӣ, агар ӯ барои ту фидия диҳад, хуб мешавад, — бигзор фидия диҳад: ва агар ӯ нахоҳад, ки барои ту фидия диҳад, қасам ба Худованд, ки ман барои ту фидия хоҳам дод! То пагоҳӣ бихоб».
14 Ва то субҳ пеши пойҳои ӯ хобид, ва пеш аз он ки касе бубинад, бархост. Ва ӯ дар дили худ гуфт: «Зинҳор мардум нафаҳманд, ки ин зан ба хирмангоҳ омада буд».
15 Ва ба вай гуфт: «Сарандозеро, ки бар туст, гирифта, нигоҳ дор». Вай онро нигоҳ дошт, ва ӯ шаш андоза ҷавро чен карда, бар китфи вай гузошт, ва ба шаҳр равона шуд.
16 Вақте ки вай назди модаршӯи худ омад, ӯ гуфт: «Корҳоят чӣ тавр аст, духтарам?» Вай ҳар он чи он мард барояш кард, ба ӯ хабар дод,
17 Ва гуфт: «Ин шаш андоза ҷавро ба ман дода, гуфт, ки „назди модаршӯи худ тиҳидаст нарав“».
18 Гуфт: «Ором бинишин, духтарам, то бидонӣ, ки кор чӣ гуна анҷом хоҳад ёфт; зеро ки он мард то ин корро имрӯз буд накунад, сокит нахоҳад шуд».
4БОБИ ЧОРУМ
Рут сазовори мукофот гардид.
1 Бӯаз назди дарвоза омад, ва он ҷо нишаст. Ва инак, он фидиягузор, ки Бӯаз дар бораи ӯ сухан ронда буд, гузашт. Гуфт: «Эй фалону беҳмадон, баргашта, ин ҷо бинишин». Ӯ баргашта, нишаст.
2 Аз пирони шаҳр даҳ нафарро гирифта, ба онҳо гуфт: «Ин ҷо бинишинед». Онҳо нишастанд.
3 Ба он фидиягузор гуфт: «Ноомӣ, ки аз ноҳияи Мӯоб баргаштааст, қитъаи заминеро, ки аз они бародарамон Элимелех буд, мефурӯшад.
4 Ман салоҳ донистам, ки ба самъи ту расонда, бигӯям: онро ба хузури нишастагон, яъне ба ҳузури ин пирони қавми ман бихар. Агар фидия медиҳӣ — бидеҳ, ва агар фидия намедиҳӣ — ба ман бигӯй, то бидонам, зеро ғайр аз ту касе нест, ки фидия диҳад; ва навбати ман баъд аз туст». Ӯ гуфт: «Ман фидия хоҳам дод».
5 Бӯаз гуфт: «Дар рӯзе ки заминро аз дасти Ноомӣ бихарӣ, Рути мӯобия — зани он марҳумро низ харида бошӣ, то ки номи он марҳумро бар мероси ӯ барқарор намоӣ».
6 Он фидиягузор гуфт: «Наметавонам барои худ фидиягузор бошам: мабодо мероси худро фосид намоям. Пас, фидиягузории маро ту ба зиммаи худ гирифта, фидия бидеҳ, зеро ки наметавонам фидиягузор бошам».
7 Дар замони қадим дар Исроил дар соҳаи фидия ва мубодила барои тасдиқи ҳар муомила чунин таомуле буд, ки яке кафши худро кашида ба дигаре медод, ва ин дар Исроил хуҷҷат ҳисоб меёфт.
8 Ва он фидиягузор ба Бӯаз гуфт: «Барои худ бихар!» Ва кафши худро кашида дод.
9 Ва Бӯаз ба пирон ва ба тамоми қавм гуфт: «Шумо имрӯз шоҳид ҳастед, ки ҳар он чи аз они Элимелех буд ва ҳар он чи аз они Килйӯн ва Маҳлӯн буд, аз дасти Ноомӣ харидам;
10 Ва низ Рути мӯобия — зани Маҳлӯнро барои худ ба занӣ харидам, то ки номи он марҳумро бар мероси ӯ барқарор намоям, ва номи он марҳум аз миёни бародаронаш ва аз дарвозаи иқоматгоҳаш нест нашавад; шумо имрӯз шоҳид ҳастед».
11 Тамоми қавме ки назди дарвоза буданд, ва пирон низ гуфтанд: «Шоҳид ҳастем! Бигзор Худованд занеро, ки ба хонаи ту медарояд, мисли Роҳел ва Леё гардонад, ки ҳар дуи онҳо хонаи Исроилро бино кардаанд; ва ту дар Эфрот комьёб шав ва дар Байт‐Лаҳм ном барор.
12 Ва бигзор хонаи ту мисли хонаи Форас бошад, — ки ӯро Томор барои Яҳудо зоида буд, — аз он насле ки Худованд ба ту аз ин ҷавонзан хоҳад бахшид».
13 Ва Бӯаз Рутро гирифт: вай зани ӯ шуд, ва ӯ назди вай даромад. Ва Худованд ба вай ҳомилагӣ бахшид: вай писаре зоид.
14 Ва занон ба Ноомӣ гуфтанд: «Муборак аст Худованд, ки туро имрӯз аз фидиягузор маҳрум накард! Бигзор номи ӯ дар Исроил пуршараф бошад!
15 Ӯ барои ту ҷонбахш ва асои пирии ту хоҳад буд, зеро келинат, ки туро дӯст медорад ва бароят аз ҳафт писар хубтар аст, ӯро зоид».
16 Ва Ноомӣ он бачаро гирифта, дар оғӯш кашид, ва дояи ӯ шуд.
17 Занони ҳамсоя ӯро ном ниҳода, гуфтанд: «Барои Ноомӣ писаре таваллуд шуд», ва ӯро Убид ном ниҳоданд. Ӯ падари Йисой падари Довуд аст.
18 Ин аст насаби Форас: Форас Ҳесрӯнро ба дуньё овард.
19 Ва Ҳесрӯн Ромро ба дуньё овард, ва Ром Аминодобро ба дуньё овард,
20 Ва Аминодоб Наҳшӯнро ба дуньё овард, ва Наҳшӯн Салмӯнро ба дуньё овард,
21 Ва Салмӯн Бӯазро ба дуньё овард, ва Бӯаз Убидро ба дуньё овард,
22 Ва Убид Йисойро ба дуньё овард, ва Йисой Довудро ба дуньё овард.