НОМАИ
ҲАВВОРИИ МУҚАДДАС ПАВЛУС
БА РУМИЁН
1БОБИ ЯКУМ
Павлуси ҳавворӣ калисои Румро табрик менамояд.
1 Павлус, бандаи Исои Масеҳ, ҳаввории даъватшуда ва барои башорати Худо интихобгардида,
2 Ки онро Худо пештар, ба воситаи анбиёи Худ, дар Навиштаҳои муқаддас ваъда карда буд
3 Дар бораи Писари Худ, ки ба ҳасби ҷисм аз насли Довуд таваллуд шудааст,
4 Ва ба ҳасби рӯҳи қудсият, ба воситаи эҳьё шуданаш аз мурдагон, чун Писари Худо маълум шудааст, яъне дар бораи Худованди мо Исои Масеҳ,
5 Ки ба воситаи Ӯ мо файз ва ҳаввориятро пайдо кардаем, то ки ба хотири исми Ӯ ҳамаи халқҳоро ба итоати имон дароварем,
6 Ки дар миёни онҳо шумо низ даъватшудагони Исои Масеҳ ҳастед, —
7 Ба ҳамаи маҳбубони Худо, ки дар Рум ҳастед ва ба муқаддасӣ даъват шудаед, аз ҷониби Падари мо Худо ва Исои Масеҳи Худованд файз ва осоиштагӣ бар шумо бод.
Хоҳиши ҳавворӣ ба рафта дидани калисои Рум.
8 Пеш аз ҳама ба Худои ҳуд ба воситаи Исои Масеҳ барои ҳамаи шумо шукр мегӯям, ки имони шумо дар тамоми ҷаҳон шӯҳрат ёфтааст;
9 Худое ки Ӯро дар башорати Писари Ӯ бо рӯҳи ҳуд ибодат мекунам, маро шоҳид аст, ки муттасил шуморо ба ёд меоварам
10 Ва ҳамеша дар дуоҳои худ илтимос мекунам, ки иродаи Худо ягон вақт ба ман мусоидат намояд, ки назди шумо биёям.
11 Зеро ки хеле орзуманди дидани шумо мебошам, то ки як атои рӯҳоние, барои устувор шуданатон, ба шумо тақдим намоям,
12 Яъне бо якҷоягии шумо аз имони умумиамон, аз имони шумо ва худам, тасаллӣ ёбам.
13 Эй бародарон, намехоҳам бехабар бошед аз ин ки дафъаи бисьёр ният доштам назди шумо биёям, — лекин то кунун ҷизе ба ман монеъ мешуд, — то ки дар миёни шумо низ, монанди халқҳои дигар, самаре ҳосил кунам.
14 Ман нисбат ба юнониён ва варвариён, нисбат ба оқилон ва ҷоҳилон, дайне ба гардан дорам;
15 Пас, роғиби онам, ки ба шумо низ, ки дар Рум ҳастед, башорат диҳам.
Эътирофи ҳавворӣ дар бораи башорати Масеҳ.
16 Зеро ки башорати Масеҳро ба худ ор намедонам, чунки он — қуввати Худост барои наҷоти ҳар як имондор: ҳам, аввалан, яҳудӣ ва ҳам юнонӣ.
17 Зеро ки адолати Худо дар он аз имон ба имон зоҳир мешавад, чунон ки навишта шудааст: «Одил ба василаи имон хоҳад зист».
Ҳамаи одамон ба наҷот эҳтиёҷ доранд.
Гуноҳи халқҳо ва доварии Худо бар онҳо.
18 Зеро ки ғазаби Худо аз осмон зоҳир мешавад бар ҳар гуна маъсият ва шарорати одамоне ки ростиро бо шарорат поймол мекунанд.
19 Зеро ки он чи дар бораи Худо донистан мумкин аст, ба онҳо маълум аст, чунки Худо ба онҳо маълум кардааст;
20 Зеро ки моҳияти нонамоёни Ӯ, яъне қуввати ҷовидонӣ ва Илоҳияти Ӯ, аз хилқати олам ба воситаи дидани офаридаҳояш ба назар намоён аст, бинобар ин онҳо ҳеҷ узре надоранд.
21 Агарчи онҳо Худоро шиноҳта бошанд, Ӯро чун Худо ситоиш накарданд ва шукр нагуфтанд, балки хаёлоти онҳо ботил, ва дили бефаросаташон тира шуд:
22 Бо вуҷуди он ки ҳудашонро оқил номиданд, ақли худро гум карда,
23 Ҷалоли Худои бефаноро ба сурате табдил доданд, ки ба одами фонӣ, ба мургон, чорпоён ва хазандагон монанд аст,
24 Бинобар ин Худо онҳоро бо нафси шаҳвониашон ба нопокӣ гирифтор кард, ба тавре ки онҳо баданҳои худро бо ҳамдигар нангин карданд;
25 Онҳо ростии Худоро ба дурӯғ иваз карданд ва парастишу ибодат карданд махлуқро ба ҷои Холиқе ки то абад муборак аст, омин.
26 Аз ин сабаб Худо онҳоро ба ҳавасҳои нангин гирифтор кард: занони онҳо ҷимои табииро ба ҷимои ғайритабиӣ иваз карданд;
27 Ҳамчунин мардон ҷимои табииро бо занон тарк карда, оташи шаҳваташон ба якдигар баланд шуд, ва мард бо мард ба кирдори нангин машғул шуда, сазои иштибоҳи худро дар вуҷуди худашон диданд.
28 Ва азбаски онҳо Худоро бо ақли худ шиноҳтан нахостанд, Худо онҳоро ба афкори фосид гирифтор кард, то ки корҳои носазо кунанд,
29 Бинобар ин онҳо аз ҳар гуна кизб, зино, макр, тамаъ ва кина, ҳамчунин аз ҳасад, қатл, ҷидол, фиреб ва бадҳӯӣ пур ҳастанд,
30 Бадгап, тӯҳматчӣ, худобадбин, дилозор, худсито, мағрур ва бадандеш ҳастанд, ба падару модарон итоат намекунанд,
31 Беандеша, аҳдшикан, беилтифот, бадкина ва бераҳманд.
32 Агарчи доварии Худоро медонанд, ки кунандагони чунин корҳо сазовори марганд, бо вуҷуди ин на фақат худашон ин корҳоро мекунанд, балки кунандагони дигарро низ таҳсин менамоянд.
2БОБИ ДУЮМ
Гуноҳи яҳудиён ва ғазаби Худо бар онҳо.
1 Бинобар ин ту, эй одами маҳкумкунанда, ҳар кӣ бошӣ ҳам, узре надорӣ, чунки дигареро маҳкум карда, ҳудатро маҳкум менамоӣ, зеро ки ту, эй маҳкумкунанда, айни ҳамон корҳоро содир мекунӣ.
2 Лекин мо медонем, ки доварии Худо бар кунандагони чунин корҳо барҳақ аст.
3 Наҳод ки ту, эй одамизод, гумон мекунӣ, ки бо маҳкум кардани кунандагони чунин корҳо ту аз доварии Худо халос хоҳӣ шуд, дар сурате ки худат айни ҳамон корҳоро содир менамоӣ?
4 Ё ки ту ба фаровонии меҳрубонӣ, ҳилм ва пурсабрии Ӯ беэътиноӣ мекунӣ, бехабар аз он ки меҳрубонии Худо туро ба роҳи тавба ҳидоят менамояд?
5 Аммо, аз боиси саркашӣ ва дили тавбанопазири худ, ту ғазабро барои худ дар рӯзи ғазаб ва зуҳури доварии ҳаққонии Худо афзун мегардонӣ,
6 Ки Ӯ ба ҳар кас мувофиқи аъмоли вай подош хоҳад дод:
7 Ба онҳое ки доим кори нек карда, толиби ҷалол, шараф ва ҷовидӣ мешаванд, ҳаёти ҷовидонӣ хоҳад дод;
8 Вале онҳоеро, ки саркашӣ карда, ростиро рад менамоянд, ва мутеи норостӣ мешаванд, ба хашму ғазаб гирифтор хоҳад кард.
9 Андӯҳу фалокат ояд бар ҷони ҳар одаме ки кори бад мекунад: ҳам, аввалан, бар ҷони яҳудӣ ва ҳам бар ҷони юнонӣ!
10 Лекин ҷалол, шараф ва осоиштагӣ ояд ба ҳар касе ки кори нек мекунад: ҳам, аввалан, ба яҳудӣ ва ҳам ба юнонӣ!
Шариат ва хатна наҷот намедиҳанд.
11 Зеро ки Худо рӯйбинӣ надорад.
12 Онҳое ки дорои шариат набуда, гуноҳ кардаанд, берун аз шариат низ ҳалок хоҳанд шуд; вале онҳое ки дорои шариат буда, гуноҳ кардаанд, аз рӯи шариат маҳкум хоҳанд шуд, —
13 Чунки на шунавандагони шариат пеши Худо одиланд, балки иҷрокунандагони шариат сафед карда хоҳанд шуд;
14 Зеро, ҳар гоҳ халқҳое ки шариат надоранд, табиатан фармудаҳон шариатро ба ҷо меоваранд, онҳо шариат надошта бошанд ҳам, худашон барои худ шариат ҳастанд:
15 Рафторашон нишон медиҳад, ки амали шариат дар дилашон навишта шудааст; виҷдон ва афкорашон низ, ки якдигарро гоҳе айбдор ва гоҳе сафед мекунанд, дар ин бобат гувоҳӣ медиҳанд, —
16 Дар ҳамон рӯзе ки Худо, ба ҳасби башорати ман, асрори одамонро ба воситаи Исои Масеҳ доварӣ хоҳад кард.
17 Инак, ту яҳудӣ ном дорӣ, ва ба шариат такья мекунӣ, ва аз шинохтани Худо меболӣ.
18 Ва иродаи Ӯро медонӣ, ва азбаски шариатро омӯхтаӣ, фарқи байни неку бадро мефаҳмӣ,
19 Ва яқин дорӣ, ки ту роҳнамои кӯрон, нуре барои бошандагони зулмот,
20 Носеҳи ҷоҳилон ва муаллими кӯдакон ҳастӣ, ва дар шариат намунаи маърифат ва ростиро дорӣ, —
21 Пас, чӣ гуна ту, ки дигаронро таълим медиҳӣ, ҳудатро таълим намедиҳӣ?
22 Ваъз мегӯӣ, ки дуздӣ набояд кард, вале ҳудат дуздӣ мекунӣ! Мегӯӣ, ки «зинокорӣ накун», вале худат зинокорӣ мекунӣ! Аз бутҳо нафрат дорӣ, вале маъбадҳоро ғорат мекунӣ!
23 Бо шариат меболӣ, вале шариатро вайрон карда, обрӯи Худоро мерезонӣ!
24 Зеро ки ба туфайли шумо, чунон ки навишта шудааст, дар миёни халқҳо исми Худоро хор медоранд.
25 Хатна фоиданок аст, ба шарте ки шариатро риоя кунӣ; аммо агар шариатро вайрон кунӣ, махтунии ту ба номахтунӣ мубаддал шуд.
26 Пас, агар номахтуне фармудаҳои шариатро риоя кунад, оё номахтунии вай махтунӣ шумурда намешавад?
27 Ва номахтуни табиӣ, ки шариатро ба ҷо меоварад, оё туро маҳкум намекунад, ки дорои Навиштаҳо ва хатна ҳастию шариатро вайрон мекунӣ?
28 Зеро яҳудӣ на он кас аст, ки аз рӯи қиёфати зоҳирӣ чунин бошад, ва хатна на он чиз аст, ки бар ҷисм намоён бошад,
29 Балки яҳудӣ он кас аст, ки дар ботин ҷунин бошад, ва хатна он чиз аст, ки дар дил ба ҳасби рӯҳ, на ин ки ба ҳасби ҳарф, ҷо дошта бошад; ва ҳамди чунин одам на аз ҷониби одамон, балки аз ҷониби Худост.
3БОБИ СЕЮМ
Худо дар доварии худ амин ва одил аст.
1 Пас, яҳудӣ чӣ бартарӣ дорад, ё ки хатна чӣ фоида дорад?
2 Бартарии бузурге аз ҳар ҷиҳат, ва пеш аз ҳама аз он ҷиҳат, ки ба дасташон каломи Худо супурда шудааст.
3 Зеро ки чӣ гӯем? Агар баъзеашон бевафо бошанд, оё бевафогии онҳо вафои Худоро ботил мекунад?
4 Ба ҳеҷ ваҷҳ. Балки Худо барҳақ аст, агарчи ҳар одам козиб бошад, чунон ки навишта шудааст:
«То ки Ту дар суханони Худ ҳақ бароӣ
ва дар доварии Худ ғолиб оӣ».
5 Лекин агар шарорати мо адолати Худоро зоҳир мекарда бошад, чӣ гӯем? Оё Худо, ҳангоме ки ба ғазаб меояд, бендолат аст? — Инро ман ба таври муҳокимаронии одамӣ мегӯям.
6 Ба ҳеҷ ваҷҳ. Зеро ки дар он сурат Худо чӣ тавр метавонад оламро доварӣ кунад?
7 Зеро ки агар ба воситаи дурӯғи ман ростии Худо барои ҷалоли Ӯ афзун мешуда бошад, пас чаро ман боз ҳамчун гуноҳкоре маҳкум мешавам?
8 Ва чӣ гуна баъзеҳо ба мо бӯҳтон зада, даъво мекунанд, ки гӯё мо мегуфта бошем: «Биёед, бадӣ кунем, то ки некӣ ҳосил шавад»? Маҳкумияти чунин касон ҳаққонист.
Ба гуноҳ гирифтор будани ҳамаи одамон.
9 Пас чӣ гӯем? Оё мо бартарӣ дорем? Не, надорем, зеро ки мо аллакай исбот кардем, ки ҳам яҳудиён ва ҳам юнониён, ҳама гирифтори гуноҳ ҳастанд,
10 Чунон ки навишта шудааст:
«Касе одил нест, як нафар ҳам нест;
11 Касе соҳибфаҳм нест; касе толиби Худо нест;
12 Ҳама гумроҳ шудаанд, аз як сар ношояманд: некӯкоре нест, як нафар ҳам нест.
13 Гулӯяшон қабри кушода аст; бо забонашон фиреб медиҳанд; бар лабонашон заҳри мор аст;
14 Даҳонашон пур аз ғайбат ва ҳасрат аст.
15 Пойҳошон барои хунрезӣ шитобон аст;
16 Харобкорӣ ва ҳалокат дар роҳҳои онҳост;
17 Онҳо роҳи сулҳу осоиштагиро намедонанд.
18 Дар пеши чашмашон тарси Худо нест».
19 Лекин мо медонем, ки ҳар чи шариат мегӯяд, ба аҳли шариат рӯ оварда мегӯяд, то ки ҳар даҳоне баста шавад ва тамоми олам пеши Худо айбдор гардад,
20 Чунки бо аъмоли шариат ҳеҷ одаме пеши Ӯ сафед нахоҳад шуд; зеро ки гуноҳ ба воситаи шариат дониста мешавад.
Гуноҳкор фақат ба хотири Масеҳ ба воситаи имон сафед мешавад.
21 Аммо алҳол, сарфи назар аз шариат, адолати Худо зоҳир шудааст, ки Таврот ва анбиё бар он шаҳодат медиҳанд, —
22 Адолати Худо ба воситаи имон ба Исои Масеҳ барои ҳамаи имондорон; зеро ки ҳеҷ тафовуте нест,
23 Чунки ҳама гуноҳ карда, аз ҷалоли Худо маҳрум шудаанд
24 Ва ройгон, бо файзи Ӯ, ба воситаи кафорате ки дар Исои Масеҳ аст, сафед карда мешаванд,
25 Ки Ӯро Худо пешниҳод кард, то ки дар Хуни Ӯ ба воситаи имон кафорате бошад, барои нишон додани адолати Ӯ дар омурзиши гуноҳҳое ки пештар, дар замони пурсабрии Худо содир шудаанд,
26 Ва барои нишон додани адолати Ӯ дар замони ҳозира, то ки Ӯ одил бошад ва ҳар киро, ки ба Исо имон меоварад, сафед кунад.
27 Пас, куҷост он чи боиси болидан бошад? Он тамоман аз байн рафтааст. Ба кадом шариат? Оё ба шариати аъмол? Не, балки ба шариати имон.
28 Зеро мо эътироф менамоем, ки одамизод, сарфи назар аз аъмоли шариат, ба воситаи имон сафед мешавад.
29 Ё ки Худо фақат Худои яҳудиён аст? Магар Худои халқҳо ҳам нест? Албатта, Худои халққо ҳам мебошад;
30 Чунки Худо ягона аст, ва Ӯ махтунонро аз рӯи имон ва номахтунонро ба воситаи имон сафед мекунад.
31 Пас, оё мо шариатро ба воситаи имон ботил мекунем? Ба ҳеҷ ваҷҳ, балки шариатро устувор мегардонем.
4БОБИ ЧОРУМ
Иброҳим ба воситаи имон сафед шудааст.
1 Пас, фаразан, падари мо Иброҳим ба ҳасби ҷисм чӣ чизе пайдо кард?
2 Агар Иброҳим бо аъмоли худ сафед шуда бошад, ӯ шоёни таъриф аст, аммо на дар пеши Худо.
3 Зеро ки дар Навиштаҳо чӣ гуфта шудааст? «Иброҳим ба Худо имон овард, ва ин барои ӯ адолат ҳисоб карда шуд».
4 Барои касе ки амал мекунад, муздаш на аз рӯи эҳсон, балки аз рӯи ӯҳдадорӣ ҳисоб карда мешавад;
Худо сарфи назар аз аъмол сафед мекунад.
5 Лекин барои касе ки амал намекунад, балки имон меоварад ба Он ки осиёнро сафед мекунад, имонаш адолат ҳисоб карда мешавад.
6 Чунон ки Довуд низ одамеро хушбахт меномад, ки Худо ба вай адолатро сарфи назар аз аъмолаш ато мекунад:
7 «Хушо касоне ки ҷиноятҳошон омурзида ва хатоҳошон пӯшида шудааст;
8 Хушо касе ки Худованд гуноҳи варо ба ҳисоб намеоварад».
Барои Иброҳим имон пеш аз хатна адолат ҳисоб карда шуд.
9 Оё ин хушбахтӣ ба махтунон тааллуқ дорад ё ки ба номахтунон низ? Мо гуфтем, ки барои Иброҳим имонаш адолат ҳисоб карда шуд.
10 Кай ҳисоб карда шуд? Баъд аз хатна ё ки пеш аз хатна? Баъд аз хатна не, балки пеш аз хатна буд.
11 Ва аломати хатнаро ӯ, ҳамчун мӯҳри адолат мувофиқи имоне ки дар ҳолати номахтунии худ дошт, пайдо кард, бинобар ин ӯ падари ҳамаи имондорони номахтун шуд, то ки ба онҳо низ адолат ато шавад,
12 Ва ҳамчунин падари махтунон шуд, ки онҳо на фақат хатна шудаанд, балки низ имонеро, ки Иброҳим дар ҳолати номахтунӣ дошт, пайравӣ мекунанд.
Иброҳим — падари ҳамаи имондорон.
13 Зеро ки ба Иброҳим, ё ба наслаш, ваъдаи он ки ӯ вориси ҷаҳон хоҳад буд, ба воситаи шариат не, балки ба воситаи адолати имон ато шудааст.
14 Зеро ки агар аҳли шариат ворис бошанд, дар он сурат имон пуч асту ваъда ботил;
15 Чунки шариат сабаби ғазаб мешавад, зеро дар ҷое ки шариат нест, вайронкунии он ҳам нест.
16 Бинобар ин мувофиқи имон аст, то ки мувофиқи файз бошад, барои он ки ваъда ба тамоми насли Иброҳим, на фақат ба насли мувофиқи шариат, балки ба насли мувофиқи имони ӯ низ таъмин шавад, ки ӯ падари ҳамаи мост,
17 Чунон ки навишта шудааст: «Ман туро падари халқҳои бисьёр гардондам», — дар пеши Худое ки Иброҳим ба Ӯ имон овард, дар пеши Худое ки мурдагонро зинда мекунад ва номавҷудро ҳамчун мавҷуд мехонад.
18 Дар сурате ки ҳеҷ умеде набуд, Иброҳим умедвор шуда, имон овард, то ки падари халқҳои бисьёр шавад, аз рӯи он чи гуфта шудааст: «Насли ту чунин хоҳад буд».
19 Ва имонаш суст нашуд, ва ба он ҳам назар накард, ки ҷисми ӯ, дар синни қариб садсолагӣ, аллакай пир шудааст, ва батни Соро низ аз кор баромадааст;
20 Ва ба ваъдаи Худо аз беимонӣ шубҳа накард, балки дар имонаш устувор истода, Худоро ҳамду сано хонд,
21 Ва боварии комил дошт, ки Ӯ ба иҷрои ваъдаи Худ низ қодир аст.
На танҳо барои Иброҳим, балки низ барои ҳамаи онҳое ки ба Хуни кафорат ва ба эҳьёи Масеҳ имон доранд, имон адолат ҳисоб карда шуд.
22 Аз ҳамин сабаб барои ӯ адолат ҳисоб карда шуд.
23 Аммо на фақат нисбат ба ӯ навишта шудааст, ки барои ӯ ҳисоб карда шуд,
24 Вале нисбат ба мо низ: барои мо низ ҳисоб карда хоҳад шуд, ки имон дорем ба Он ки Худованди мо Исоро аз мурдагон эҳьё кард,
25 Ки Ӯ ба сабаби гуноҳҳои мо таслим карда шуд ва аз барои сафед кардани мо эҳьё гардид.
5БОБИ ПАНҶУМ
Маънои сафед шудан.
1. Сулҳу осоиштагӣ бо Худо ва боварӣ ба наҷоти оянда.
1 Пас, мо бо имон сафед шуда, бо Худо ба воситаи Худованди мо Исои Масеҳ сулҳу осоиштагӣ дорем,
2 Ки ба воситаи Ӯ мо бо имон сӯи ин файзе роҳ ёфтаем, ки дар он истодаем ва бо умеди ҷалоли Худо меболем.
3 Ва на фақат бо ин, балки бо мусибатҳо низ меболем, зеро медонем, ки мусибат сабрро ба вуҷуд меоварад,
4 Ва сабр — ботаҷрибагиро, ва ботаҷрибагӣ — умедро,
5 Ва умед шарманда намекунад, чунки муҳаббати Худо дар дилҳои мо ба воситаи Рӯҳулқудс, ки ба мо ато шуд, ҷорӣ шудааст.
6 Зеро ки Масеҳ, ҳангоме ки мо ҳанӯз суст будем, дар вақти муқарраршуда барои осиён мурд.
7 Зеро гумон намеравад, ки касе барои одиле бимирад, вале эҳтимол дорад, ки барои ягон некӯкоре касе ба мурдан ҷуръат кунад.
8 Лекин Худо муҳаббати Худро нисбат ба мо бо ҳамин исбот мекунад, ки ҳангоме ки ҳанӯз гуноҳкор будем, Масеҳ барои мо мурд.
9 Пас, алалхусус алҳол, ки бо Хуни Ӯ сафед шудаем, ба воситаи Ӯ аз ғазаб наҷот хоҳем ёфт.
10 Зеро ки агар бо Худо, ҳангоми душман будани худ, ба воситаи мамоти Писари Ӯ мусолиҳа карда бошем, — пас, алалхусус баъд аз мусолиҳа кардан, мо ба воситаи ҳаёти Ӯ наҷот хоҳем ёфт;
11 Ва на фақат ин, балки низ бо Худо ба воситаи Худованди мо Исои Масеҳ меболем, ки ба василаи Ӯ алҳол мусолиҳа ба даст овардаем.
2. Ҳаёт ба воситаи Масеҳ ба ҷои мамот ба воситаи Одам.
12 Пас, чунон ки ба воситаи як одам гуноҳ ба ҷаҳон доҳил шуд ва бо гуноҳ мамот омад, ончунон низ ба ҳамаи одамон гузашт, чунки ҳама гуноҳ карданд.
13 Зеро ки пеш аз шариат ҳам гуноҳ дар ҷаҳон буд, лекин вақте ки шариат нест, гуноҳ ҳисоб карда намешавад.
14 Бо ин ҳама, аз Одам то Мусо мамот бар онҳое низ ҳукмрон буд, ки гуноҳе ба монанди гуноҳи Одам накарда буданд, ки ӯ тимсоли Шахси оянда аст.
15 Лекин бахшоиши файз на ончунон аст, ки гуноҳ бошад. Зеро ки агар бо гуноҳи як кас бисьёр касон гирифтори мамот шуда бошанд, пас, алалхусус файзи Худо ва бахшоиши он барои бисьёр касон ба василаи файзи як одам, яъне Исои Масеҳ, фаровон мегардад.
16 Ва бахшоиш на ончунон аст, ки ба воситаи як гуноҳкор бошад; зеро ки доварӣ пас аз як гуноҳ сабаби маҳкумият мешавад, лекин бахшоиши файз пас аз гуноҳҳои бисьёр сафед мекунад.
17 Зеро ки агар бо гуноҳи як кас мамот ба воситаи ҳамин як кас ҳукмрон шуда бошад, — пас, алалхусус онҳое ки файзи фаровон ва бахшоиши адолатро қабул мекунанд, дар ҳаёт ба воситаи Исои Масеҳи ягона хумкрон хоҳанд шуд.
18 Бинобар ин, чунон ки ба воситаи гуноҳи як кас ҳамаи одамон маҳкум шуданд, ончунон ба воситаи адолати як кас ҳамаи одамон барои ҳаёт сафед шуданд.
19 Зеро, чунон ки ба воситаи беитоатии як кас бисьёр касон гуноҳкор шуданд, ончунон ба воситаи итоати як кас бисьёр касон одил мешаванд.
20 Аммо шариат баъд ба майдон омад, то ки гуноҳ зиёд шавад; ва ҳангоме ки гуноҳ зиёд шуд, файз бағоят фаровон гардид,
21 То ки, чунон ки гуноҳ ба воситаи мамот хукмрон шуд, ончунон файз ҳам ба воситаи адолат барои ҳаёти ҷовидонӣ ба василаи Худованди мо Исои Масеҳ хукмрон шавад.
6БОБИ ШАШУМ
3. Озод шудан аз қуввати гуноҳ ва мамот.
1 Пас чӣ гӯем? Оё дар гуноҳ бимонем, то ки файз зиёд шавад? Ба ҳеҷ ваҷҳ.
2 Мо, ки нисбат ба гуноҳ мурдаем, чӣ гуна метавонем дар он боз зиндагӣ кунем?
3 Оё намедонед, ки ҳамаи мо, ки дар Исои Масеҳ таъмид ёфтаем, дар мамоти Ӯ таъмид ёфтаем?
4 Пас мо, дар мамоташ таъмид ёфта, бо Ӯ дафн шудаем, то ки, чунон ки Масеҳ бо ҷалоли Падар аз мурдагон эҳьё шуд, ончунон мо низ дар ҳаёти нав қадамгузор шавем.
5 Зеро ки агар мо дар мисоли мамоти Ӯ бо Ӯ пайванд шуда бошем, дар мисоли эҳьёи Ӯ низ пайванд хоҳем буд.
6 Зеро медонем, ки инсони кӯҳнаи мо бо Ӯ маслуб шудааст, то ки чисми пургуноҳ ботил гардад, ва мо дигар бандагони гуноҳ набошем;
7 Чунки мурда аз гуноҳ фориғ аст.
8 Агар мо бо Масеҳ мурда бошем, боварӣ дорем, ки бо Ӯ низ хоҳем зист.
9 Зеро медонем, ки чун Масеҳ аз мурдагон эҳьё шуд, дигар намемирад: мамот дигар бар Ӯ қудрат надорад.
10 Зеро, ин ки Ӯ мурд, як бор барои ҳамеша нисбат ба гуноҳ мурд, аммо ин ки зинда аст, барои Худо зинда аст.
11 Ҳамин тавр шумо низ худро барои гуноҳ кардан мурда, аммо барои Худо дар Худованди мо Исои Масеҳ зинда ҳисоб кунед.
12 Пас, бигзор гуноҳ дар ҷисми мирандаи шумо ҳукмрон нашавад, то ки ба ҳавасҳои он итоат намоед;
13 Ва андоми худро ба гуноҳ насупоред, то ки олати шарорат шавад, балки худро, ҳамчун касони аз мурдагон зиндашуда, ба Худо таслим кунед ва андоми худро дар ихтиёри Худо вогузор намоед, то ки олати адолат бошад.
4. Собит мондан дар мутеӣ, кудсият ва хизматгузории абадӣ ба Худо.
14 Зеро ки гуноҳ дигар набояд бар шумо ҳукмронӣ кунад: шумо, охир, тобеи шариат не, балки тобеи файз ҳастед.
15 Пас чӣ кунем? Оё гуноҳ кардан гирем ба он сабаб ки тобеи шариат не, балки тобеи файз ҳастем? Ба ҳеҷ ваҷҳ.
16 Оё намедонед, ки ба ҳар кӣ шумо худро чун бандагон барои итоат таслим кунед, бандагони ҳамон кас гардида, ба вай мутеъ мешавед, хоҳ гуноҳе барои мамот бошад, хоҳ итоате барои адолат?
17 Аммо, Худоро шукр, ки агарчи пештар бандагони гуноҳ будед, ҳоло аз самими қалб ба ҳамон тарзи таълим мутеъ шудаед, ки худро ба он таслим кардаед.
18 Ва аз гуноҳ фориғ шуда, бандагони адолат гардидаед.
19 Ба хотири сустии ҷисматон, ба таври муҳокимаронии одамӣ мегӯям: чунон ки шумо андоми худро ба бандагии нопокӣ ва шарорат таслим карда, ба шарорат афтода будед, ончунон ҳоло андоми худро ба бандагии адолат барои қудсият вогузор намоед.
20 Зеро вақте ки шумо бандагони гуноҳ будед, аз адолат фориғ будед.
21 Пас он вақт чӣ самаре доштед? Корҳое мекардед, ки ҳоло аз онҳо шарм доред, чунки анҷоми онҳо мамот аст.
22 Лекин ҳоло, ки аз гуноҳ фориғ шуда, бандагони Худо гардидаед, самари шумо қудсият аст, ва анҷоми кор ҳаёти ҷовидонист.
23 Зеро ки музди гуноҳ мамот аст, аммо бахшоиши файзи Худо ҳаёти ҷовидонист ба воситаи Худованди мо Исои Масеҳ.
7БОБИ ҲАФТУМ
5. Озодӣ аз шариат ва халосӣ аз низои байни ҷисм ва рӯҳ.
1 Эй бародарон, магар намедонед, — зеро ба воқифони шариат сухан мегӯям, — ки шариат бар одамизод дар айёми зиндагии вай қудрат дорад?
2 Зеро ки зани шавҳардор мувофиқи шариат ба шавҳари зинда вобаста аст, ва агар шавҳараш бимирад, вай аз шариати шавҳардорӣ фориғ мешавад.
3 Бинобар ин агар вай дар айёми зиндагии шавҳараш ба марди дигаре равад, зинокор номида мешавад; лекин агар шавҳараш бимирад, вай аз шариат фориғ мешавад ва ҳар гоҳ ба марди дигар бирасад, зинокор ҳисоб намеёбад.
4 Шумо низ, эй бародарон, ба воситаи Бадани Масеҳ ба шариат мурдаед, то ки ба Дигаре, ба Он ки аз мурдагон эҳьё шуд, тааллуқ дошта бошед, барои он ки мо ба Худо самаре оварем.
5 Зеро, вақте ки мо ба ҳасби ҷисм зиндагӣ мекардем, ҳаваси гуноҳҳое ки ба воситаи шариат ошкор мешуд, дар андоми мо амал мекард, барои он ки ба мамот самаре оварем;
6 Лекин ҳоло мо ба шариате ки моро баста буд, мурда, аз он фориғ шудаем, то ки мувофиқи рӯҳи тоза бандагӣ кунем, на ин ки мувофиқи ҳарфи кӯҳна.
7 Пас чӣ гӯем? Оё шариат бо гуноҳ якест? Ба ҳеҷ ваҷҳ. Лекин ман гуноҳро маҳз ба воситаи шариат донистаам. Зеро агар шариат намегуфт, ки «тамаъ накун», ман намедонистам, ки тамаъ чист.
8 Аммо гуноҳ, бо баҳонаи ҳукми шариат, дар дили ман ҳар гуна тамаъро ба вуҷуд овард, зеро ки бе шариат гуноҳ мурда аст.
9 Ман як вақте бе шариат зиндагӣ мекардам; аммо вақте ки ҳукми шариат ба майдон омад, гуноҳ ҷон гирифт,
10 Ва ман мурдам, ва он ҳукме ки барои ҳаёт дода шуда буд, сабаби мамоти ман шуд;
11 Чунки гуноҳ, бо баҳонаи ҳукми шариат, маро фиреб дод ва ба воситаи он кушт.
12 Бинобар ин шариат муқаддас аст, ҳукми он низ муқаддас, барҳақ ва нек аст.
13 Пас, оё чизи нек барои ман сабаби мамот шуд? Ба ҳеҷ ваҷҳ. Балки гуноҳ сабаби он шуд: барои он ки вай ҳамчун гуноҳ зоҳир шавад, ба воситаи чизи нек ба ман мамот овард, то ки гуноҳ ба воситаи ҳукми шариат ниҳоятдараҷа азим гардад.
14 Зеро мо медонем, ки шариат рӯҳонӣ мебошад, вале ман нафсонӣ ҳастам ва ба гуноҳ фурӯхта шудаам.
15 Ман, охир, он чи мекунам, намефаҳмам; чунки он чи мехоҳам, намекунам, балки он чи бад мебинам, мекунам.
16 Пас модоме ки он чи намехоҳам, мекунам, бо ҳамин эътироф менамоям, ки шариат нек аст.
17 Бинобар ин акнун кунандаи он ман нестам, балки гуноҳест, ки дар ман вуҷуд дорад.
18 Зеро медонам, ки дар ман, яъне дар ҷисми ман, чизи нек мавҷуд нест; чунки майли кардани кори нек дар ман бошад ҳам, ёрои кардани он надорам.
19 Зеро он кори неке ки мехоҳам, намекунам, лекин кори баде ки намехоҳам, мекунам.
20 Пас модоме ки он чи намехоҳам, мекунам, акнун кунандаи он ман нестам, балки гуноҳест, ки дар ман вуҷуд дорад.
21 Хуллас, ман чунин қонун пайдо мекунам, ки ҳангоме ки ман мехоҳам кори нек кунам, аз ман кори бад сар мезанад.
22 Зеро ки ман ба ҳасби инсони ботинӣ аз шариати Худо лаззат мебарам,
23 Лекин дар андоми худ қонуни дигаре мебинам, ки он ба муқобили қонуни хиради ман меҷангад ва маро асири он қонуни гуноҳ мегардонад, ки дар андоми ман мавҷуд аст.
24 Вой бар ҳоли ман, ки шахси мискин ҳастам! Кӣ маро аз ин ҷисми гирифтори мамот раҳоӣ медиҳад?
25 Худоро ба воситаи Худованди мо Исои Масеҳ шукр мегӯям. Пас, ман бо хиради худ шариати Худоро бандагӣ мекунам, вале бо ҷисми худ қонуни гуноҳро.
8БОБИ ҲАШТУМ
6. Ҳаёт дар рӯҳ.
1 Пас, ҳеҷ маҳкумияте нест барои онҳое ки дар Исои Масеҳ ҳастанд ва на ба ҳасби ҷисм, балки ба ҳасби рӯҳ зиндагӣ мекунанд,
2 Чунки қонуни рӯҳи ҳаёт дар Исои Масеҳ маро аз қонуни гуноҳ ва мамот фориғ кардааст.
3 Зеро, азбаски шариат бо айби ҷисм суст шуда, ноилоҷ монда буд, Худо Писари Худро ба сурати ҷисми пургуноҳ ва барои гуноҳ фиристода, гуноҳро дар ҷисм маҳкум кард,
4 То ки аҳкоми одилонаи шариат дар мо, ки на ба ҳасби ҷисм, балки ба ҳасби рӯҳ зиндагӣ мекунем, ба амал ояд.
5 Зеро онҳое ки ба ҳасби ҷисм зиндагӣ мекунанд, дар бораи чизи ҷисмонӣ фикр меронанд, вале онҳое ки ба ҳасби рӯҳ зиндагӣ мекунанд, дар бораи чизи рӯҳонӣ фикр меронанд.
6 Фикрҳои ҷисмонӣ мамот аст, аммо фикрҳои рӯҳонӣ — ҳаёт ва сулҳу осоиштагӣ,
7 Чунки фикрҳои ҷисмонӣ душманӣ ба Худост, зеро ки ба шариати Худо итоат намекунад ва наметавонад итоат кунад.
8 Бинобар ин онҳое ки ба ҳасби ҷисм зиндагӣ мекунанд, ба Худо писанд афтода наметавонанд.
9 Лекин шумо на ба ҳасби ҷисм, балки ба ҳасби рӯҳ зиндагӣ мекунед, агар ҳақиқатан Рӯҳи Худо дар шумо сокин бошад. Аммо агар касе дорои Рӯҳи Масеҳ набошад, вай аз они Ӯ нест.
10 Ва агар Масеҳ дар шумо бошад, ҷисм ба воситаи гуноҳ мурда аст, вале рӯҳ ба воситаи адолат зинда аст.
11 Ва агар Рӯҳи Он ки Исоро аз мурдагон эҳьё кард, дар шумо сокин бошад, Он ки Масеҳро аз мурдагон эҳьё кард, ҷисмҳои мирандаи шуморо низ бо Рӯҳи Худ, ки дар шумо сокин аст, зинда хоҳад кард.
12 Пас, эй бародарон, мо ӯҳдадори ҷисм нестем, ки ба ҳасби ҷисм зиндагӣ кунем;
13 Зеро ки агар шумо ба ҳасби ҷисм зиндагӣ кунед, албатта хоҳед мурд; аммо агар аъмоли ҷисмониро ба воситаи Рӯҳ бикушед, зинда хоҳед монд.
Касе ки бо файзи Рӯҳулқудс имондор аст, фарзандхондагии Худоро қабул мекунад.
14 Зеро ҳамаи онҳое ки роҳнамояшон Рӯҳи Худост, фарзандони Худо ҳастанд;
15 Чунки шумо рӯҳи бандагиро қабул накардаед, ки боз ҳаросон шавед, балки Рӯҳи фарзандхондагиро қабул кардаед, ки ба Он мо нидо мекунем: «Эй Або, эй Падар!»
16 Ҳамон Рӯҳ ба рӯҳи мо шаҳодат медиҳад, ки мо фарзандони Худо ҳастем.
Анҷоми наҷот фарзандхондагии Худост.
1. Интизории бесаброна ба ҷалоли оянда.
17 Ва агар фарзандонаш бошем, ворисонаш низ ҳастем: ворисони Худо ва ҳамирсони Масеҳ ҳастем, агар ҳақиқатан бо Ӯ азобу уқубат кашем, то ки бо Ӯ низ ҷалол ёбем.
18 Зеро, ба ақидаи ман, азобу уқубатҳои замони ҳозира назар ба он ҷалоле ки дар мо зоҳир хоҳад шуд, ҳеҷ аст.
19 Зеро ки махлуқот бо умед ба зуҳури фарзандони Худо мунтазир аст,
20 Чунки махлуқот на бо ихтиёри худ, балки ба хотири мутеъкунандаи худ мутеи оворагӣ шудааст, ба умеди он ки
21 Худи махлуқот ҳам аз бандагии фано халосӣ ёфта, ба озодии ҷалоли фарзандони Худо шарик хоҳад шуд.
22 Зеро медонем, ки тамоми махлуқот бо якҷоягӣ то алҳол оҳу нола мекунад ва азоб мекашад;
23 Ва на фақат он, балки худи мо низ, ки соҳиби навбари Рӯҳ ҳастем, дарунакӣ оху нола мекунем ва мунтазири фарзандхондагӣ ва кафорати ҷисми худ мебошем.
24 Зеро ки бо умед наҷот ёфтаем. Аммо умед, вақте ки онро мебинанд, дигар умед нест; зеро ки кас агар чизеро бинад, чаро боз дар умеди он бошад?
25 Аммо агар мо дар умеди чизе бошем, ки онро намебинем, бо сабр мунтазираш мешавем.
2. Рӯҳулқудс бо иродаи Худо барои имондорон шафоат мекунад.
26 Ҳамчунин Рӯҳ низ моро дар нотавониамон тақвият медиҳад; зеро ки мо намедонем дар чӣ ҳусус ба таври бояду шояд дуо гӯем, лекин Худи Рӯҳ барои мо бо оҳу нолаҳое шафоат мекунад, ки сухан аз баёнашон оҷиз аст.
27 Таҳқиқкунандаи дилҳо аз андешаи Рӯҳ огоҳ аст, чунки Ӯ барои муқаддасон мувофиқи хости Худо шафоат мекунад.
28 Дар баробари ин мо медонем, ки ба дӯстдорони Худо, ки мувофиқи пешбинии Ӯ даъват шудаанд, ҳама чиз бар нафъашон ёрдам медиҳад;
29 Зеро ҳар киро, ки Ӯ пешакӣ шинохтааст, онҳоро низ пешакӣ муайян кардааст, ки ба сурати Писараш монанд шаванд, то ки Ӯ дар миёни бародарони бисьёр нахустзода бошад;
30 Ва ҳар киро, ки Ӯ пешакӣ муайян кардааст, онҳоро низ даъват намудааст; ва ҳар киро, ки даъват намудааст, онҳоро низ сафед кардааст; ва ҳар киро, ки сафед кардааст, онҳоро низ ҷалол додааст.
3. Боварии пур аз ҷалоли фарзандони Худо.
31 Пас мо ба ин чӣ гӯем? Агар Худо тарафгири мо бошад, зидди мо кист?
32 Он Худое ки Писари Худро дареғ надоштааст, балки Ӯро барои ҳамаи мо таслим кардааст, чӣ гуна бо якҷоягии Ӯ ҳама чизро ба мо намебахшад?
33 Кӣ баргузидагони Худоро айбдор мекунад? Оё Худое ки сафедкунанда аст?
34 Кӣ маҳкум мекунад? Оё Масеҳе ки мурдааст, вале боз эҳьё шудааст? Оё Ӯ, ки ба ямини Худо нишастааст? Оё Ӯ, ки дар ҳаққи мо шафоат мекунад?
35 Кӣ моро аз муҳаббати Масеҳ ҷудо мекунад? Оё андӯҳ, ё фалокат, ё таъқибот, ё гуруснагӣ, ё бараҳнагӣ, ё хатар, ё шамшер?
36 Чунон ки навишта шудааст:
«Ба хотири Ту мо ҳар рӯз кушта мешавем,
мисли гӯсфандони забҳ ба шумор меравем».
37 Аммо бар ҳамаи ин мо ба воситаи Дӯстдорамон пурра ғолиб меоем.
38 Зеро ман мӯътақидам, ки на мамот, на ҳаёт, на фариштагон, на мабдаъҳо, на қувваҳо, на ҳозира, на оянда,
39 На баландӣ, на умқ, на ҳар гуна махлуқи дигар моро аз муҳаббати Худо, ки дар Худованди мо Исои Масеҳ аст, ҷудо карда наметавонад.
9БОБИ НӮҲУМ
Роҳҳои мӯъҷизаосои Худо бо Исроил.
1. Фарзанди Худо будан ба ваъдаҳои Худо асос меёбад, лекин на ба пайдоиши табиӣ.
1 Дар Масеҳ рост мегӯям, дурӯғ намегӯям, виҷдонам дар Рӯҳулқудс бо ман шаҳодат медиҳад,
2 Ки ғуссаи бузургест барои ман, ва сӯзи дили ман поён надорад:
3 Зеро ман мехостам, ки ба хотири бародаронам, ки ба ҳасби ҷисм хешони мананд, худам аз Масеҳ маҳрум шавам.
4 Онҳо исроилиёнанд; фарзандхондагӣ ва ҷалол, аҳдҳо ва шариат, ибодат ва ваъдаҳо ба онҳо тааллуқ доранд;
5 Ва падарон аз онҳоянд, ва аз онҳо Масеҳ ба ҳасби ҷисм ба ҷаҳон омадааст, ки Худо бар ҳама ва то абад муборак аст, омин.
Ваъдаҳои Худо фақат ба Исроили ҳақиқӣ дахл доранд.
6 Аммо чунин нест, ки каломи Худо аз эътибор соқит шуда бошад. Зеро на ҳама исроилиянд, ки аз Исроил бошанд,
7 Ва на ҳама фарзандони Иброҳиманд, ки наслаш ҳастанд; балки «насли ту аз Исҳоқ хонда хоҳад шуд».
8 Яъне на ҳамаи фарзандони ҷисм фарзандони Худо ҳастанд; балки фарзандони ваъда насл ҳисоб меёбанд.
9 Зеро ки каломи ваъда чунин аст: «Дар ҳамин вақт хоҳам баргашт, ва Сороро писаре хоҳад шуд».
10 Ва на фақат ин, балки ба Ривқо низ ҳамин тавр шуд, вақте ки вай аз яке, яъне аз падарамон Исҳоқ ба як шикам ду писарро ҳомила буд.
11 Зеро ки пеш аз таваллуди онҳо, ки ҳанӯз ҳеҷ амали неке ё баде накарда буданд, — барои он ки пешбинии Худо дар интихобашон на аз аъмол, балки аз Даъваткунанда содир шавад, —
12 Ба вай гуфта шуд: «Калонӣ ба хурдӣ хизмат кунад»,
13 Чунон ки навишта шудааст: «Яъқубро Ман дӯст доштам, аммо Эсовро бад дидам».
3. Марҳамати Худо ба иродаи муқаддаси Ӯ вобаста аст.
14 Пас чӣ гӯем? Магар назди Худо беинсофӣ ҳаст? Ба ҳеҷ ваҷҳ.
15 Зеро ки Ӯ ба Мусо мегӯяд: «Ҳар киро марҳамат кардан хоҳам, марҳамат мекунам; ба ҳар кӣ раҳм кардан хоҳам, раҳм мекунам».
16 Пас, гап на дар он кас аст, ки майл дорад ва саъю кӯшиш мекунад, балки дар марҳамати Худост.
17 Зеро ки Навиштаҳо ба фиръавн мегӯяд: «Барои он Ман туро ба по гузоштаам, ки қуввати Худро бар ту нишон диҳам, то ки исми Ман дар тамоми ҷаҳон интишор ёбад».
18 Пас, Ӯ ҳар киро хоҳад, марҳамат мекунад, ва ҳар киро хоҳад, сангдил мегардонад.
19 Ту ба ман ҳоҳӣ гуфт: «Пас чаро Ӯ боз мазаммат мекунад? Зеро кист, ки ба иродаи Ӯ муқобилат карда тавонад?»
20 Аммо ту кистӣ, эй одамизод, ки бо Худо баҳсу мунозира мекунӣ? Оё маснӯъ ба сонеъ мегӯяд: «Чаро маро чунин соҳтӣ?»
21 Оё кӯзагар ихтиёр надорад, ки аз айни як гил зарфе барои истеъмолоти олӣ ва зарфи дигаре барои истеъмолоти паст бисозад?
22 Пас, чӣ ҷои баҳс аст, ки агар Худо, бо мақсади нишон додани ғазаби Худ ва зоҳир сохтани иқтидори Худ, зарфҳои ғазабро, ки барои ҳалокат сохта шудаанд, бо пурсабрии азиме таҳаммул карда бошад,
23 То ки фаровонии ҷалоли Худро бар зарфҳои марҳамат, ки Ӯ пешакӣ онҳоро барои ҷалол омода кардааст, зоҳир созад.
24 Ва он зарфҳои марҳамат моем, ки Ӯ моро на фақат аз байни яҳудиён, балки аз байни халқҳо ҳам даъват намудааст,
4. Мувофиқи пешгӯиқои анбиё фақат «бақияи» исроилиёни имондор наҷот хоҳанд ёфт.
25 Чунон ки дар Ҳушаъ низ мегӯяд:
«Онҳоеро, ки қавми Ман нестанд, қавми Худ хоҳам хонд, ва онро,
ки маҳбуба нест, маҳбуба хоҳам ҳонд;
26 Ва дар он ҷое ки ба онҳо гуфта шудааст:
„Шумо қавми Ман нестед,
онҳо фарзандони Худои Ҳай номида хоҳанд шуд“».
27 Ва Ишаъё дар бораи Исроил нидо мекунад, ки: «Агар шумораи банӣ‐Исроил мисли реги баҳр бошад ҳам, бақияе наҷот хоҳад ёфт;
28 Зеро ки Худованд коре ба итмом мерасонад ва ба зудӣ аз рӯи адолат ҳал мекунад, кори қатъие бар замин анҷом медиҳад».
29 Ва чунон ки Ишаъё пешгӯӣ кардааст:
«Агар Худованди лашкарҳо барои мо насле боқӣ намегузошт,
мо мисли Садӯм мешудем ва ба Амӯро монандӣ медоштем».
5. Гуноҳи Исроил: вай мавъизаро дар бораи сафед шудан бо имон мункир шуд.
30 Пас чӣ гӯем? Халқҳое ки дар паи адолат набуданд, адолат ба даст оварданд: адолате ки аз имон аст;
31 Аммо Исроил, ки дар паи шариати адолат буд, ба шариати адолат нарасид.
32 Чаро? Чунки онро на дар имон, балки дар аъмол толиб шуданд. Онҳо ба санги пешпое пешпо хӯрданд,
33 Чунон ки навишта шудааст:
«Инак, дар Сион санги пешпо ва сахраи васваса мегузорам,
ва ҳар кӣ ба Ӯ имон оварад,
хиҷил нахоҳад шуд».
10БОБИ ДАҲУМ
Ҳар кӣ имон оварад ва Худовандро даъват намояд, наҷот хоҳад ёфт.
1 Эй бародарон! Орзуи дили ман ва дуои ман назди Худо барои Исроил ин аст, ки онҳо наҷот ёбанд.
2 Зеро дар бораи онҳо шаҳодат медиҳам, ки рашки Худоро доранд, аммо на аз рӯи фаҳм.
3 Зеро ки ба адолати Худо сарфаҳм нарафта, адолати худашонро барқарор карданӣ шуданд ва ба ин сабаб ба адолати Худо итоат накарданд;
4 Чунки Масеҳ анҷоми шариат аст барои адолати ҳар касе ки имон меоварад.
5 Мусо дар бораи адолате ки аз рӯи шариат аст, чунин менависад: «Ҳар кӣ онро ба ҷо оварад, ба воситаи он хоҳад зист».
6 Аммо адолате ки аз рӯи имон аст, чунин мегӯяд: «Дар дили худ нагӯ: „Кӣ ба осмон сууд мекунад?“» — барои он ки Масеҳро поён фурорад.
7 Ё: «Кӣ ба варта нузул мекунад?» — барои он ки Масеҳро аз мурдагон боло барорад.
8 Аммо вай чӣ мегӯяд? «Калом наздики туст, дар даҳони ту ва дар дили туст», яъне каломи имон, ки мо онро мавъиза мекунем.
9 Зеро агар ту бо даҳони худ эътироф кунӣ, ки Исо Худованд аст, ва бо дили худ имон оварӣ, ки Худо Ӯро аз мурдагон эҳьё кард, наҷот хоҳӣ ёфт;
10 Чунки одам бо дили худ имон меоварад, ки ин барои адолати ӯст, ва бо даҳони худ эътироф мекунад, ки ин барои наҷоти ӯст.
11 Зеро Навиштаҳо мегӯяд: «Ҳар кӣ ба Ӯ имон оварад, хиҷил нахоҳад шуд».
12 Ва дар ин бобат ҳеҷ тафовуте дар миёни яҳудиён ва юнониён нест, зеро ҳама Худованди Ягонае доранд, ки барои ҳамаи онҳое ки исми Ӯро мехонанд, сарватманд аст.
13 Зеро «ҳар кӣ исми Худовандро бихонад, наҷот хоҳад ёфт».
14 Аммо чӣ гуна онҳо бихонанд Онро, ки ба Ӯ имон наовардаанд? Чӣ гуна онҳо имон оваранд ба Он ки дар бораи Ӯ чизе нашунидаанд? Чӣ гуна онҳо бидуни воизон чизе бишнаванд?
15 Ва чӣ гуна ба онҳо воизон мавъиза кунанд бе он ки фиристода шаванд? Чунон ки навишта шудааст: «Чӣ гуна зебост пойҳои онҳое ки аз сулҳу осоиштагӣ башорат медиҳанд, аз некӣ башорат медиҳанд!»
16 Лекин на ҳама башоратро гӯш карданд. Зеро Ишаъё мегӯяд: «Худовандо! Кӣ ба ваъзи мо имон овардааст?»
17 Пас, имон аз шунидани ваъз аст ва шунидани ваъз ба воситаи каломи Худост.
18 Аммо мегӯям: оё онҳо нашунидаанд? Баръакс:
«Садои онҳо дар тамоми замин паҳн шуд,
ва каломашон то ақсои дуньё расид».
19 Аммо мегӯям: оё Исроил намедонист? Пеш аз ҳама Мусо мегӯяд:
«Ман ба воситаи он чи қавм нест,
рашки шуморо ба вуҷуд хоҳам овард, ба воситаи мардуми бефаҳм шуморо ба хашм хоҳам овард».
20 Ва Ишаъё далерона мегӯяд:
«Касоне Маро ёфтанд,
ки толиби Ман набуданд,
ба касоне Худро зоҳир сохтам, ки ҷӯёи Ман набуданд».
21 Аммо дар бораи Исроил Ӯ мегӯяд: «Тамоми рӯз дастҳои Худро сӯи қавми беитоат ва гарданкаш дароз кардам».
11БОБИ ЁЗДАҲУМ
На тамоми Исроил сангдил хоҳад шуд.
1 Пас, ман мегӯям: магар Худо қавми Худро рад кардааст? Ба ҳеҷ ваҷҳ. Зеро ки ман ҳам исроилӣ, аз насли Иброҳим, аз сибти Биньёмин ҳастам.
2 Худо қавми Худро, ки пешакӣ шинохта буд, рад накардааст. Оё намедонед, ки Навиштаҳо дар ҳикояти Ильёс чӣ мегӯяд? Чӣ гуна ӯ ба Худо аз Исроил шикоят карда, мегӯяд:
3 «Худовандо! Анбиёи Туро онҳо куштанд, қурбонгоҳҳои Туро вайрон карданд; танҳо ман мондаам, дар қасди ҷони ман низ мебошанд».
4 Аммо Худо ба ӯ чӣ ҷавобе дод? «Хафт ҳазор одамро, ки назди Баал+ 11:4 Баал — бути мардуми қадими Канъон ва Финиқия. зону назадаанд, барои Худ нигоҳ доштаам».
5 Ҳамчунин дар замони ҳозира низ, мувофиқи интихоби файз, бақияе мондааст.
6 Аммо агар ин мувофиқи файз бошад, пас мувофиқи аъмол нест, вагар на файз дигар файз нашуда мемонад. Ва агар мувофиқи аъмол бошад, пас ин дигар файз нест, вагар на амал дигар амал нашуда мемонад.
7 Пас чӣ гӯем? Исроил он чиро, ки толиб буд, ба даст наовард. Аммо баргузидагон ба даст оварданд, ва касони боқӣ сангдил шуданд,
8 Чунон ки навишта шудааст:
«Худо ба онҳо рӯҳи хоби гаронро дод,
ва чашмоне ки намебинанд,
ва гӯшҳое ки то имрӯз намешунаванд».
9 Довуд низ мегӯяд:
«Бигзор суфраи онҳо барои сазояшон ба доме,
капқоне ва тузоқе мубаддал гардад;
10 Бигзор чашмони онҳо хира шавад,
то ки набинанд, ва тахтапушти онҳо абадан хам шавад».
Даъват шудани халқҳо тарғиб аст барои Исроил.
11 Пас, ман мегӯям: оё онҳо то ба дараҷае пешпо хӯрдаанд, ки фурӯ ғалтанд? Ба ҳеҷ ваҷҳ. Аммо аз пешпохӯрии онҳо ба халқҳо наҷот омад, то ки рашки онҳоро ба вуҷуд оварад.
12 Ва агар пешпохӯрии онҳо сарвати ҷаҳон ва шикасти онҳо сарвати халқҳо бошад, камоли онҳо чанд маротиба зиёдтар фоидабахш хоҳад буд!
Имондорон набояд мағрур шаванд, балки бо фурӯтанӣ бар ҳасби имон дар меҳрубонии Худо собит бимонанд.
13 Ба шумо, эй халқҳо, мегӯям: ҳамчун ҳаввории халқҳо ман хизмати худро ситоиш мекунам:
14 Ба умеди он ки рашки онҳоеро, ки ба ҳасби ҷисм ба ман наздиканд, ба вуҷуд оварам ва баъзеи онҳоро наҷот диҳам.
15 Зеро, агар радшавии онҳо мусолиҳаи ҷаҳон шуда бошад, пас қабулшавии онҳо, ба ҷуз эҳьё аз мурдагон, чӣ хоҳад буд?
16 Агар хамирмоя муқаддас бошад, хамир низ муқаддас аст; ва агар реша муқаддас бошад, шохаҳо низ муқаддас аст.
Огоҳонидани халқҳо аз ҳавобаландӣ.
17 Аммо агар баъзе аз шохаҳо шикаста чудо шуда бошанд, ва ту, ки зайтуни ёбоӣ будӣ, ба ҷои онҳо пайванд гашта, ба реша ва шираи зайтун шарик шуда бошӣ, —
18 Пас назди он шохаҳо мағрур машав; ва агар мағрур шавӣ, бидон, ки ту решаро нигоҳ надоштаӣ, балки реша туро нигоҳ доштааст.
19 Ту хоҳӣ гуфт: «Шохаҳо шикаста ҷудо шудаанд, то ки ман пайванд шавам».
20 Бале. Онҳо ба сабаби беимонӣ шикаста ҷудо шудаанд, аммо ту ба воситаи имон истодагӣ мекунӣ: ғурур макун, балки битарс.
21 Зеро ки агар Худо шохаҳои табииро амон надода бошад, туро низ амон нахоҳад дод.
22 Пас, меҳрубонӣ ва сахтгирии Худоро бубин: Ӯ сахтгир аст ба онҳое ки афтода ҷудо шудаанд, ва меҳрубон аст ба ту, агар дар меҳрубонии Ӯ бимонӣ; вагар на ту низ бурида хоҳӣ шуд.
23 Лекин онҳо низ, агар дар беимонӣ намонанд, пайванд хоҳанд шуд, зеро Худо қодир аст, ки онҳоро боз пайванд кунад.
24 Зеро, агар ту аз зайтуни табиатан ёбоӣ бурида шуда, бар хилофи табиат ба зайтуни хуб пайванд шуда бошӣ, пас алалхусус инҳо, ки шохаҳои табиӣ ҳастанд, ба зайтуни худ пайванд хоҳанд шуд.
Наҷоти қатъии Исроил.
25 Зеро, эй бародарон, ман намехоҳам, ки шумо, худро доно пиндошта, аз чунин сир бехабар монед, ки як қисми Исроил ба сангдилӣ гирифтор шудааст то вақте ки шумораи пурраи ғайрияҳудиён дохил шаванд,
Бахшоишҳо ва даъвати Худо тағьирнопазир аст, муқаддароти Ӯ ақлнорас ва роҳҳои Ӯ таҳқиқнашаванда аст.
26 Ва он гоҳ тамоми Исроил наҷот хоҳад ёфт, чунон ки навишта шудааст:
«Аз Сион Раҳокунанда хоҳад омад ва маъсиятро аз Яъқуб дафъ хоҳад кард;
27 Ва ин аст аҳди Ман бо онҳо дар замоне
ки гуноҳҳошонро аз миён бардорам».
28 Ба сабаби Инҷил, онҳо душманонанд ба хотири шумо; лекин ба сабаби интихоб, онҳо маҳбубанд ба хотири падарон;
29 Зеро ки бахшоишҳо ва даъвати Худо тағьирнопазир аст.
30 Зеро, чунон ки шумо низ як вақте ба Худо итоат накардед, вале алҳол, ба сабаби беитоатии онҳо, марҳамат ёфтаед, —
31 Ҳамчунин онҳо низ ҳоло итоат накарданд, то ки худашон низ ба воситаи ҳамон марҳамате ки шумо ёфтаед, марҳамат ёбанд.
32 Зеро ки Худо ҳамаро ба беитоатӣ дучор овардааст, то ки ҳамаро марҳамат кунад.
Ҷалол додани роҳҳои мӯъҷизаосои Худо.
33 Зиҳӣ умқи сарват ва ҳикмат ва маърифати Худо! Чӣ қадар ақлнорас аст доварии Ӯ ва таҳқиқнопазир аст роҳҳои Ӯ!
34 Зеро кист, ки афкори Худовандро дарк карда бошад? Ё кист, ки мушовири Ӯ шуда бошад?
35 Ё кист, ки ба Ӯ пешакӣ чизе дода бошад, то ки подошашро ба вай баргардонад?
36 Зеро ки ҳама чиз аз Ӯст, ба воситаи Ӯст ва барои Ӯст. Ӯро то абад ҷалол бод. Омин.
12БОБИ ДУВОЗДАҲУМ
Ҳаёти имондорон хизматгузорӣ ба Худост.
1 Пас, шуморо, эй бародарон, ба марҳамати Худо даъват менамоям, ки ҷисмҳои худро ҳамчун қурбонии зинда, муқаддас ва писандидаи Худо тақдим кунед: ибодати оқилонаи шумо ҳамин хоҳад буд;
2 Худро ба ин дуньё ҳамшакл насозед, балки ба воситаи таҷдиди ақлатон шакли тозае ба худ бигиред, то дарк кунед, ки иродаи нек, писандида ва комили Худо чист.
Бахшоишҳои файзи Худо дар хизматгузорӣ ба калисост.
3 Зеро ба ҳасби файзе ки ба ман ато шудааст, ба ҳар яке аз шумо мегӯям: дар ҳаққи худатон бештар аз он чи шоён аст, фикр накунед, балки хоксорона, ба андозаи имоне ки Худо ба ҳар кас насиб кардааст, фикр ронед.
4 Зеро, чунон ки дар як бадан андоми бисьёре дорем, лекин на ҳамаи андомҳо айни як корро ба ҷо меоваранд,
5 Ҳамчунин мо, ки бисьёрем, як баданро дар Масеҳ ташкил мекунем, аммо ҳар яке ба танҳоӣ андоми якдигарем;
6 Ва ба ҳасби файзе ки ба мо дода шудааст, атоҳои гуногун дорем: агар атои нубувват дошта бошӣ, ба андозаи имон нубувват кун;
7 Агар атои хизмат дошта бошӣ, бо хизматгузорӣ машғул шав; агар касе муаллим бошад, бо таълим машғул шавад;
8 Агар касе воиз бошад, бо мавъиза машғул шавад; ҳар кӣ бахшанда аст, бо саховат бахшиш диҳад; ҳар кӣ сардор аст, бо ҷидду ҷаҳд сардорӣ кунад; ҳар кӣ эҳсонкор аст, бо меҳрубонӣ некӣ кунад.
Мушоракати бародарӣ.
9 Муҳаббати шумо бигзор бе риёкорӣ бошад; аз бадӣ нафрат кунед, ба некӣ бичаспед;
10 Якдигарро бо муҳаббати бародарӣ дӯст доред; ва ҳар яке каси дигарро зиёдтар сазовори эҳтиром ҳисоб кунед;
11 Ҷидду ҷаҳдро суст накунед; рӯҳи пурҳарорат дошта бошед; Худовандро бандагӣ намоед.
12 Аз умедворӣ тасаллӣ ёбед; дар мусибат пуртоқат бошед; ҳамеша дуо гӯед.
13 Дар рафъи эҳтиёҷоти муқаддасон иштирок кунед; дар меҳмоннавозӣ бикӯшед.
14 Баракат бихоҳед барои онҳое ки шуморо таъқиб мекунанд: баракат бихоҳед, вале лаънат нахонед.
15 Бо шодикунандагон шодӣ кунед, бо гирьякунандагон гирья кунед.
16 Бо якдигар ҳамфикр бошед; ҳавобаландӣ накунед, балки бо ҳакирон муошират намоед; худро доно мапиндоред.
Муҳаббати масеҳӣ бадиро бо некӣ мағлуб мекунад.
17 Ба ҳеҷ кас дар ивази бадӣ, бадӣ накунед; пеши тамоми мардум дар паи некӣ бошед.
18 Ба қадри имкон, то ҳадде ки ба шумо вобаста аст, бо ҳамаи одамон мувосо кунед.
19 Эй маҳбубон, интиқоми худро нагиред, балки ба ғазаби илоҳӣ вогузор кунед; зеро ки навишта шудааст: «Интиқом аз ҷониби Ман аст, Ман сазо хоҳам дод, мегӯяд Худованд».
20 Пас, агар душманат гурусна бошад, шикамашро сер кун; агар ташна бошад, ба ӯ об деҳ; зеро ки бо чунин рафторат бар сари ӯ оташпораҳо фурӯ хоҳӣ рехт.
21 Ба бадӣ мағлуб нашав, балки бадиро бо некӣ мағлуб кун.
13БОБИ СЕЗДАҲУМ
Имондор ва ҳукуматдорон.
1 Ҳар шахс бояд ба ҳокимиятҳои боло итоат кунад; зеро ҳеҷ ҳокимияте нест, ки аз Худо набошад, ва ҳокимиятҳои мавҷуда аз ҷониби Худо барқарор шудаанд.
2 Бинобар ин ҳар кӣ ба ҳокимият муқобилат кунад, бар зидди амри Худо исьён кардааст; ва исьёнгарон гирифтори маҳкумият хоҳанд шуд.
3 Зеро ки ҳокимон на барои некӯкорон, балки барои бадкорон хавфноканд. Оё мехоҳӣ аз ҳокимият тарсе надошта бошӣ? Корҳои нек кун, ва сазовори таърифи вай хоҳӣ шуд;
4 Чунки вай хизматгори Худост бар нафъи ту. Аммо агар корҳои бад кунӣ, битарс; зеро ки вай шамшерро беҳуда бардошта нагаштааст: вай хизматгори Худост ва бо ғазаб аз бадкорон интиқом мегирад.
5 Бинобар ин на фақат аз тарси ҷазо, балки низ аз рӯи виҷдон итоат кардан лозим аст.
6 Ба ҳамин сабаб шумо андоз ҳам медиҳед; зеро онҳо мулозимони Худо ҳастанд, ки доим бо ин кор машғуланд.
Имондор ба ёри ӯ.
7 Пас, ба ҳар кас он чиро, ки бар зиммаи шумо дайн аст, адо кунед: андозро — ба касе ки андоз меситонад; хироҷро — ба касе ки хироҷ мегирад; тарсро — ба касе ки лоиқи тарс аст; иззатро — ба касе ки шоистаи иззат аст.
8 Аз касе чизе қарздор нашавед, ҷуз қарзи муҳаббат нисбат ба якдигар; зеро ҳар кӣ каси дигарро дӯст медорад, шариатро ба ҷо овардааст.
9 Зеро ки аҳкоми: «Зино накун», «Қатл накун», «Дуздӣ накун», «Шаҳодати дурӯғ надеҳ», «Тамаъ накун» ва тамоми аҳкоми дигар дар ҳамин як калом, чунончи: «Ёратро мисли худат дӯст дор» ҷамъбаст карда шудааст.
10 Муҳаббат ба ёр бадӣ намекунад; пас, муҳаббат иҷрои пурраи шариат аст.
Ҳаёти имондорон дар интизори ба зудӣ завол ёфтани ҷаҳон.
11 Дар айни ҳол шумо вақтро медонед, ки аллакай соати аз хоб бедор шуданатон расидааст: зеро ки алҳол наҷоти мо назар ба он вақте ки имон овардем, наздиктар аст.
12 Шаб гузашту рӯз наздик омад: пас, биёед, аъмоли зулмотро як сӯ монему аслиҳаи нурро дар бар кунем.
13 Мисли он ки рӯзона бошад, боодобона рафтор кунем: на бо айёшӣ ва мастигарӣ, на бо шаҳватпарастӣ ва фисқу фуҷур, на бо низоъ ва ҳасад;
14 Балки Худованди мо Исои Масеҳро дар бар кунед ва дар бораи ҳавасҳои шаҳвонии ҷисм ғамхорӣ нанамоед.
14БОБИ ЧОРДАҲУМ
Дар бораи касони сустимон ва қавиимон.
1. Дар бораи лутфу марҳамат ба сустиҳои дигарон.
1 Касеро, ки дар имон суст аст, қабул кунед бе он ки дар бораи ақидаҳо мубоҳиса намоед.
2 Яке боварӣ дорад, ки хӯрдани ҳама ҷиз ҷоиз аст, вале он ки суст аст, фақат сабзавот мехӯрад.
3 Касе ки мехӯрад, набояд он касро, ки намехӯрад, хор шуморад; ва касе ки намехӯрад, набояд он касро, ки мехӯрад, маҳкум кунад: чунки Худо ӯро қабул кардааст.
4 Ту кистӣ, ки бандаи каси дигарро маҳкум мекунӣ? Пеши оғои худ ӯ меистад ё меафтад; аммо ба по хоҳад истод, зеро ки Худо қодир аст ӯро ба по бархезонад.
2. Бигзор ҳар яке дар эътиқоди худ устувор бошад.
5 Як кас як рӯзро аз рӯзи дигар авло медонад; лекин каси дигар рӯзҳоро баробар медонад. Бигзор ҳар яке дар эътиқоди худ устувор бошад.
6 Он ки рӯзеро авло медонад, барои Худованд чунин мекунад; ва он ки рӯзҳоро баробар медонад, барои Худованд чунин мекунад. Он ки мехӯрад, барои Худованд мехӯрад, зеро ки Худоро шукр мегӯяд. Ва он ки намехӯрад, барои Худованд намехӯрад ва Худоро шукр мегӯяд.
7 Зеро ки ҳеҷ яке аз мо барои худ зист намекунад, ва ҳеҷ яке барои худ намемирад.
8 Зеро ки агар зист кунем, барои Худованд зист мекунем, ва агар бимирем, барои Худованд мемирем. Бинобар ин, хоҳ зист кунем, хоҳ бимирем, ба Худованд тааллуқ дорем.
9 Зеро Масеҳ барои он мурд ва аз нав зинда шуд, ки ҳам бар мурдагон ва ҳам бар зиндагон Худованд бошад.
10 Пас чаро ту бародаратро маҳкум мекунӣ? Ё ту низ чаро бародаратро хор мешуморӣ? Охир, ҳамаи мо пеши курсии доварии Худо ҳозир хоҳем шуд.
11 Зеро ки навишта шудааст:
«Қасам ба ҳаёти Худам, мегӯяд Худованд:
пеши Ман ҳар зонуе хам хоҳад шуд,
ва ҳар забоне Худоро ситоиш хоҳад кард».
12 Пас, ҳар яке аз мо дар бораи худ ба Худо ҳисобот хоҳад дод.
3. Боиси васваса шудан лозим нест.
13 Пас, якдигарро дигар маҳкум накунем; балки беҳтар аст дар он хусус муҳокима кунед, ки касе дар сари роҳи бародараш пешпое ё васвасае нагузорад.
14 Ман медонам ва дар Исои Худованд яқин дорам, ки ҳеҷ як чиз ба худии худ наҷис нест; фақат барои касе ки чизеро наҷис мешуморад, он наҷис аст.
15 Ва агар бародарат аз барои хӯрок озурда шавад, ту дигар аз рӯи муҳаббат рафтор намекунӣ; бо хӯроки худ он касро, ки Масеҳ барои ӯ мурдааст, нобуд накун.
16 Пас эҳтиёт бошед, ки аз кори неки шумо бадгӯӣ накунанд.
17 Зеро ки Малакути Худо аз хӯрдан ва нӯшидан иборат нест, балки адолат, сулху осоиштагӣ ва шодмонӣ дар Рӯҳулқудс аст.
18 Ва ҳар кӣ ба ин тариқа Масеҳро бандагӣ мекунад, вай писандидаи Худо ва мақбули мардум аст.
19 Пас, дар роҳи сулҳу осоиштагӣ ва тақвияти якдигар саъю кӯшиш кунем.
20 Аз барои хӯрок кори Худоро вайрон накун. Ҳама чиз пок аст, лекин агар ба сабаби хӯрдан касе ба васваса афтад, ин кор савоб надорад.
21 Беҳтар аст, ки ту гӯшт нахӯрӣ, май нанӯшӣ ва коре накунӣ, ки боиси пешпо хӯрдан, ё ба васваса афтодан ва ё суст шудани бародарат мегардида бошад.
22 Имоне ки ту дорӣ, барои худат, дар пеши Худо дошта бош. Хушо касе ки худро барои он чи баргузидааст, маҳкум намекунад.
23 Аммо он ки шубҳа дорад, агар бихӯрад, махкум мегардад, чунки ин корро аз рӯи имон накард; ва ҳар коре ки мувофиқи имон нест, гуноҳ аст.
Ҷалол додани Худо.
24 Ба Ӯ, ки қодир аст шуморо устувор гардонад ба ҳасби башорати ман ва мавъизаи Исои Масеҳ, ба ҳасби кашфи он сирре ки аз замонҳои азалӣ ниҳон буд,
25 Вале алҳол зоҳир шуда, ба воситаи навиштаҳои анбиё, бо амри Худои ҷовидонӣ ба ҳамаи халқҳо маълум шудааст, то ки ба итоати имон дароянд,
26 Ба Худои ҳакими якто, ба воситаи Исои Масеҳ, то абад ҷалол бод. Омин.
15БОБИ ПОНЗДАҲУМ
4. Ҳар яке ба бародараш бар ҳасби намунаи Масеҳ мадад бирасонад.
1 Ва мо, ки тавоно ҳастем, бояд сустиҳои нотавононро бардорем ва толиби роҳати худ набошем:
2 Ҳар яке аз мо бигзор толиби роҳати ёри худ бошад дар он чи бар нафъи вай ва барои тақвияти вай аст.
3 Зеро ки Масеҳ низ толиби роҳати Худ набуд, балки, чунон ки навишта шудааст: «Бадгӯиҳои бадгӯёни Ту бар Ман афтодааст».
Имондороне ки аз байни халқҳо ва яҳудиён ҳастанд, калисои ягонаи Масеҳро ташкил мекунанд.
4 Зеро ҳар он чи пештар навишта шудааст, барои омӯхтани мо навишта шудааст, то ки мо аз Навиштаҳо сабр ва тасаллӣ пайдо карда, умедвор бошем.
5 Ва Худои сабру тасаллӣ бигзор шуморо тақвият диҳад, ки бо ҳамдигар, мутобиқи Исои Масеҳ, ҳамфикр бошед,
6 То ки шумо якдилона, бо як забон Худо ва Падари Худованди мо Исои Масеҳро ҳамду сано гӯед.
7 Пас, якдигарро қабул кунед, чунон ки Масеҳ низ шуморо барои ҷалоли Худо қабул кардааст.
8 Зеро ман мегӯям, ки Исои Масеҳ, ба хотири ростии Худо, барои махтунон хизматгузор шуд, то ки ваъдаҳои ба падарон додашударо ба иҷро расонад,
9 Ва барои он ки халқҳо Худоро ба ҳотири марҳамати Ӯ ҳамду сано гӯянд, чунон ки навишта шудааст:
«Бинобар ин Туро дар миёни халқҳо ҳамду сано хоҳам гуфт ва исми Туро тараннум хоҳам кард».
10 Ва боз гуфта шудааст:
«Эй халқҳо, бо қавми Ӯ хушнӯд шавед».
11 Ва боз:
«Эй ҳамаи халқҳо, Худовандро ситоиш кунед ва,
эй ҳамаи қавмҳо, Ӯро ҳамду сано гӯед».
12 Ишаъё низ мегӯяд:
«Решаи Йисой хоҳад омад,
ва Ӯ барои мутеъ кардани халқҳо хоҳад бархост; халқҳо ба Ӯ умед хоҳанд баст».
13 Пас, Худои умед бигзор шуморо дар имонатон аз ҳар гуна шодӣ ва сулҳу осоиштагӣ пур кунад, то ки бо қуввати Рӯҳулқудс умедатон афзун гардад.
Хотимаи нома:
1. Ваколати Павлус барои навиштани ин нома.
14 Худи ман ҳам, эй бародарон, бар шумо эътимод дорам, ки шумо низ пур аз файз ва саршор аз ҳар гуна дониш мебошед ва якдигарро насиҳат карда метавонед.
15 Лекин ман каме ҷуръат намуда, ба шумо баъзе чизҳоро гӯё ки хотиррасон кардам, мувофиқи файзе ки Худо ба ман ато фармудааст,
16 Барои он ки дар миёни халқҳо хизматгузори Исои Масеҳ бошам ва каҳонати башорати Худоро ба ҷо оварам, то ки ҳадияи халқҳо аз Рӯҳулқудс муқаддас гардида, ба Худо мақбул афтад.
17 Пас, ман метавонам дар Исои Масеҳ пеши Худо ифтихор намоям;
18 Зеро ҷуръат намекунам чизе бигӯям ҷуз он чи Масеҳ ба воситаи ман дар бобати мутеъ кардани халқҳо бо сухан ва амал,
19 Бо қуввати аломоту мӯъҷизот, бо қуввати Рӯҳи Худо ба ҷо овардааст, ба тавре ки ман аз Ерусалим ва гирду атрофаш гирифта то Илурикӯн башорати Масеҳро интишор кардаам,
20 Дар айни ҳол ман саъю кӯшиш намудаам на дар он ҷойҳое ки исми Масеҳ машҳур аст, башорат бидиҳам, то ки бар таҳкурсии дигарон бино накунам,
21 Балки, чунон ки навишта шудааст:
«Онҳое ки хабари Ӯро наёфтаанд,
хоҳанд дид, ва онҳое ки нашунидаанд,
хоҳанд фаҳмид».
2. Нақшаи сафар.
22 Ҳамин чиз буд, ки дафъаи бисьёр ба омадани ман назди шумо монеъ шуд.
23 Лекин алҳол, ки маро дар ин кишварҳо дигар коре нест, ва чандин сол боз орзумандам, ки назди шумо биёям,
24 Ҳамин ки ба сафари Испония биравам, назди шумо хоҳам омад. Зеро умедворам, ки ҳангоми гузашта рафтанам бо шумо мулоқот кунам, ва шумо маро, баъд аз он ки аз дидоратон андаке сер шавам, ба он ҷо гусел намоед.
25 Аммо ҳоло ман ба Ерусалим меравам, то ки ба муқаддасон хизмат кунам;
26 Зеро ки аҳли Мақдуния ва Охоия салоҳ донистанд, ки хайроте барои камбағалони муқаддасони Ерусалим фиристанд.
27 Инро салоҳ донистанд, вале нисбат ба онҳо ӯҳдадор ҳам ҳастанд; зеро, модоме ки халқҳо ба онҳо аз ҷиҳати рӯҳонӣ шарик шудаанд, бояд ба онҳо аз ҷиҳати маишатӣ низ хизмат кунанд.
28 Пас, ин корро анҷом дода ва ин маблағро ба дасти онҳо супурда, ман бо роҳи кишвари шумо ба Испония хоҳам рафт,
29 Ва яқин дорам, ки ҳар гоҳ назди шумо биёям, бо баракати пурраи башорати Масеҳ хоҳам омад.
30 Пас, эй бародарон, ба хотири Худованди мо Исои Масеҳ ва ба хотири муҳаббати Рӯҳ аз шумо илтимос дорам, ки ҳамроҳи ман дар дуоҳои худ барои ман назди Худо ҷидду ҷаҳд намоед,
31 То ки аз беимонони Яҳудо раҳо шавам, ва хизмати ман дар Ерусалим мақбули муқаддасон афтад,
32 Ва ман, бо хости Худо, бо шодмонӣ назди шумо биёям ва бо шумо ором ёбам.
33 Ва Худои сулҳу осоиштагӣ бо ҳамаи шумоён бод. Омин.
16БОБИ ШОНЗДАҲУМ
3. Маъруфӣ кардани Фубӣ.
1 Хоҳари мо Фубиро, ки ходимаи калисои Канхария аст, ба шумо маъруфӣ менамоям,
2 То ки вайро ба хотири Худованд, ба тавре ки шоистаи муқаддасон бошад, қабул кунед ва дар ҳар бобат, ки ба шумо эҳтиёҷ дошта бошад, ба вай мадад расонед; зеро ки вай ҳам ба бисьёр касон ва ба худи ман низ мададгор буд.
4. Саломҳо ба имондорон.
3 Ба Прискила ва Акило, ки ҳамкорони ман дар Исои Масеҳ буданд, салом гӯед;
4 Онҳо ҷони худро барои ман ба хатар андохтаанд, ва аз онҳо на фақат ман, балки ҳамаи калисоҳои халқҳо низ мамнун ҳастанд; ҳамчунин ба аҳли калисое ки дар хонаи онҳо ҷамъ мешаванд, салом гӯед.
5 Ба маҳбуби ман Апинтус, ки барои Масеҳ навбари Охоия аст, салом гӯед.
6 Ба Марьям, ки барои мо бисьёр меҳнат кардааст, салом гӯед.
7 Ба хешони ман Андрониқӯс ва Юниёс, ки бо ман бандӣ буданд, салом гӯед; онҳо дар миёни ҳаввориён машҳур ҳастанд ва аз ман пештар ба Масеҳ имон овардаанд.
8 Ба Амплиёс, ки дар Худованд маҳбуби ман аст, салом гӯед.
9 Ба Урбонус, ки дар Масеҳ ҳамкори мост, ва ба Истохис, ки маҳбуби ман аст, салом гӯед.
10 Ба Апалис, ки дар Масеҳ озмуда шудааст, салом гӯед. Ба аҳли байти Аристоблус салом гӯед.
11 Ба хеши ман Ҳиродиюн салом гӯед. Ба онҳое ки аз аҳли байти Наркисус ба Худованд имон доранд, салом гӯед.
12 Ба Труфино ва Трифосо, ки дар кори Худованд фаъол ҳастанд, салом гӯед. Ба Парсиси маҳбуба, ки дар кори Худованд бисьёр фаъол аст, салом гӯед.
13 Ба Руфус, ки баргузидаи Худованд аст, ва ба модари ӯ, ки барои ман мисли модар аст, салом гӯед.
14 Ба Асункритус, Флигӯн, Ҳермос, Патрубос, Ермис ва бародароне ки бо онҳоянд, салом гӯед.
15 Ба Филӯлӯгус ва Юлиё, Нирвас ва хоҳараш, ва Ӯлумпос, ва ҳамаи муқаддасоне ки бо онҳоянд, салом гӯед.
16 Ба якдигар бо бӯсаи муқаддасона салом гӯед. Ҳамаи калисоҳои Масеҳ ба шумо салом мегӯянд.
5. Огоҳонидан аз таълимотҳои козибона.
17 Шуморо, эй бародарон, даъват менамоям, ки аз касоне ки бар хилофи таълиме ки шумо ёфтаед, дар миён ҷудоӣ ва васваса меандозанд, эҳтиёт бошед ва аз онҳо канорагирӣ кунед;
18 Зеро ки онҳо на ба Худованди мо Исои Масеҳ, балки ба шиками худ хизмат мекунанд ва бо тамаллуқкорӣ ва суханороӣ дилҳои соддалавҳонро фиреб медиҳанд.
19 Итоати шумо ба ҳама маълум аст; ва ман аз шумо хурсандам, лекин орзумандам, ки шумо дар некӣ хирадманд ва дар бадӣ соддадил бошед.
20 Ва Худои сулҳу осоиштагӣ ба зудӣ шайтонро зери пойҳои шумо сарнагун хоҳад кард. Файзи Худованди мо Исои Масеҳ бо шумо бод!
6. Саломҳо ба ҳамкорон.
21 Ҳамкорам Тимотиюс ва хешонам Лукюс, Ёсӯн ва Сӯсипатрус ба шумо салом мегӯянд.
22 Ман — Тартиюс низ, ки ин номаро навиштаам, ба шумо дар Худованд салом мегӯям.
23 Ғоюс, ки мизбони ман ва тамоми аҳли калисо мебошад, ба шумо салом мегӯяд. Хазинадори шаҳр Арастус ва бародари мо Квартус ба шумо салом мегӯянд.
24 Файзи Худованди мо Исои Масеҳ бо ҳамаи шумо бод. Омин.