ЗАБУР
1ТАРОНАИ ЯКУМ
Хушбахтии одилон ва ҳалокати шарирон.
1 Хушо касе ки ба машварати шарирон намеравад,
ва дар тариқи хатокорон намеистад,
ва дар маҷлиси масхарабозон наменишинад;
2 Фақат ба шариати Худованд шавқ дорад,
ва рӯзу шаб Тавроти Ӯро меомӯзад;
3 Ва мисли дарахте хоҳад буд, ки назди ҷӯйҳои об шинонда шудааст,
ва меваи худро дар мавсимаш медиҳад,
ва баргаш пажмурда намешавад,
ва ҳар чӣ мекунад, барор хоҳад ёфт.
4 Шарирон чунин нестанд,
балки монанди пари коҳанд,
ки онро бод пароканда мекунад.
5 Бинобар ин шарирон дар рӯзи бозхост нахоҳанд бархост;
хатокорон низ дар ҷамоати одилон,
6 Зеро ки Худованд тариқи одилонро медонад,
вале роҳи шарирон сӯи адам хоҳад бурд.
2ТАРОНАИ ДУЮМ
Нубувват дар бораи малакути Писари Худо.
1 Чаро халқҳо ба шӯр меоянд,
ва қабилаҳо беҳуда қасд мекунанд?
2 Подшоҳони замин қиём мекунанд,
ва мирон бо ҳам машварат менамоянд
бар зидди Худованд ва бар зидди Масеҳи Ӯ:
3 «Бандҳои онҳоро қатъ хоҳем кард,
ва завлонаҳои онҳоро аз худ дур хоҳем андохт».
4 Он ки дар осмон нишастааст, механдад:
Худованд онҳоро тамасхур менамояд.
5 Он гоҳ дар хашми Худ ба онҳо сухан меронад,
ва бо ғазаби Худ онҳоро ба ҳарос меандозад:
6 «Валекин Ман подшоҳи Худро бар Сион,
кӯҳи муқаддаси Худ, таъин кардаам».
7 Амри Худовандро баён мекунам.
Ӯ ба Ман гуфт: «Ту Писари Ман ҳастӣ;
Ман имрӯз Падари Ту шудаам.
8 Аз Ман талаб намо, ва қавмҳоро ба мероси Ту,
ва ақсои заминро ба тасарруфи Ту хоҳам дод.
9 Онҳоро бо асои оҳанин шикаст хоҳӣ дод;
мисли кӯзаи кулол пора‐пора хоҳӣ кард».
10 Пас, эй подшоҳон, ба ақл оед;
эй доварони замин, таълим гиред!
11 Худовандро бо тарс ибодат намоед,
ва бо ларз шодӣ кунед.
12 Писарро иззат кунед, ки мабодо ба ғазаб ояд,
ва шумо дар роҳ нобуд шавед;
зеро ки ғазаби Ӯ зуд аланга хоҳад гирифт.
Хушо ҳамаи онҳое ки ба Ӯ паноҳ мебаранд!
3ТАРОНАИ СЕЮМ
Умед бастан ба мадади Худо.
1 Таронаи Довуд, вақте ки аз писари худ Абшолӯм гурехт.
2 Худовандо! Адуёнам чӣ қадар зиёд шудаанд!
Бисьёр касон бар зидди ман қиём мекунанд;
3 Бисьёр касон дар ҳаққи ман мегӯянд:
«Ӯро дар Худо наҷот нест». Село+ 3:3 Село — тафсири саҳеҳи ин калима маълум нест, лекин гумон мекунанд, ки он дар таронаҳои Забур истилоҳи мусиқиест, ки хотима ё тағьири оҳангро мефаҳмонад..
4 Валекин Ту, эй Худованд, сипаре дар гирди ман,
ҷалоли ман ва афрозандаи сари ман ҳастӣ.
5 Овозам Худовандро мехонад,
ва Ӯ аз кӯҳи муқаддаси Худ маро иҷобат менамояд. Село.
6 Ман дароз мекашам, хоб меравам ва мехезам,
зеро ки Худованд ба ман мадад мекунад.
7 Аз беварҳои мардум, ки маро муҳосира кардаанд, наметарсам.
8 Бархез, эй Худованд! Маро наҷот дех, эй Худои ман!
Зеро ки Ту ҳамаи душманонамро торсакӣ мезанӣ,
дандонҳои шариронро мешиканӣ.
9 Наҷот аз Худованд аст.
Баракати Ту бар қавми Туст. Село.
4ТАРОНАИ ЧОРУМ
Дуои шоми Довуд, ки пур аз имон ба мадади Худо мебошад.
1 Барои сардори муғанниён бар созҳои торнок. Таронаи Довуд.
2 Вақте ки Туро мехонам, маро иҷобат намо, эй Худои адли ман!
Дар тангӣ маро вусъат додаӣ.
Ба ман марҳамат намо ва дуоямро бишнав.
3 Эй фарзандони инсон! То ба кай ҷалолам дар нанг хоҳад буд?
Ва гапҳои хушкухолиро дӯст дошта, толиби кизб хоҳед буд? Село.
4 Вале бидонед, ки Худованд порсоёнро барои Худ ҷудо кардааст;
Худованд мешунавад, вақте ки Ӯро мехонам.
5 Музтариб шуда, хато накунед:
бар бистарҳои худ дар дилҳотон андеша кунед ва сокит бошед. Село.
6 Қурбониҳои адолатро тақдим намоед,
ва ба Худованд таваккал кунед.
7 Бисьёр касон мегӯянд: «Кӣ ба мо некӯиро нишон медиҳад?»
Нури рӯи Худро ба мо зоҳир намо, эй Худованд!
8 Ба дилам шодӣ бахшидаӣ
аз он вақте ки ғаллаи онҳо ва оби ангури онҳо афзудааст.
9 Ба саломатӣ дароз мекашам ва хоб меравам,
зеро ки танҳо Ту, эй Худованд, маро дар осудагӣ сокин мегардонӣ.
5ТАРОНАИ ПАНҶУМ
Дуои субҳи Довуд, ки пур аз умедворӣ ба мадади Худо мебошад.
1 Барои сардори муғанниён бар созҳои нафасӣ. Таронаи Довуд.
2 Ба суханонам, эй Худованд,
гӯш андоз, андешаҳоямро бифаҳм.
3 Овози истиғосаамро бишнав, эй Подшоҳи ман
ва Худои ман!
Зеро ки ба Ту дуо мегӯям.
4 Худовандо! Саҳаргоҳон овозамро бишнав, —
саҳаргоҳон пеши Ту ҳозир мешавам, ва интизорӣ мекашам,
5 Зеро ки Ту Худои шароратхоҳ нестӣ:
назди Ту бадкеш сокин нахоҳад шуд;
6 Лофакиён пеши назари Ту нахоҳанд истод:
аз ҳамаи бадкирдорон нафрат дорӣ.
7 Дурӯғгӯёнро нобуд хоҳӣ кард;
Худованд аз хунхӯр ва маккор кароҳат дорад.
8 Валекин ман, аз бисьёрии эҳсони Ту, ба хонаи Ту дохил хоҳам шуд,
ва бо тарси Ту ба қасри қудси Ту саҷда хоҳам кард.
9 Худовандо! Ба ман, бар хилофи иродаи мухолифонам, дар адолати худ роҳнамо шав;
роҳи Худро пеши ман ҳамвор кун.
10 Зеро ки дар даҳони онҳо гапи дуруст нест:
ботинашон харобист,
гулӯяшон қабри кушода аст,
бо забонашон тамаллуқ мегӯянд.
11 Онҳоро, эй Худованд, маҳкум намо,
то ки аз қасдҳои бади худ фурӯ ғалтанд;
ба сабаби ҷиноятҳои бисьёрашон онҳоро рад намо,
зеро ки бар зидди Ту ба шӯр омадаанд.
12 Ва ҳамаи паноҳбарони Ту хурсанд хоҳанд шуд
ва то абад тараннум хоҳанд кард,
ва Ту пуштибони онҳо хоҳӣ буд,
ва дӯстдорони исми Ту дар Ту шод хоҳанд шуд.
13 Зеро ки Ту, эй Худованд, одилро баракат медиҳӣ;
бо зиреҳи меҳрубонӣ ӯро фаро мегирӣ.
6ТАРОНАИ ШАШУМ
Дуои гуноҳкоре ки тавба кардааст.
1 Барои сардори муғанниён бар сози ҳашттор. Таронаи Довуд.
2 Худовандо! Дар ғазаби Худ маро мазаммат накун,
ва дар хашми Худ маро ҷазо надеҳ.
3 Ба ман марҳамат намо, эй Худованд, зеро ки ман афсурдаҳолам;
маро шифо бидеҳ, эй Худованд, зеро ки устухонҳоям ба ларза омадааст;
4 Ҷонам низ хеле ба ларза омадааст;
пас Ту, эй Худованд, то ба кай?
5 Баргард, эй Худованд, ҷонамро бираҳон,
ба хотири эҳсони Худ маро наҷот деҳ,
6 Зеро ки дар мамот зикри Ту нест:
дар гӯристон кӣ Туро ҳамд мегӯяд?
7 Аз оҳу воҳи худ лакот шудаам;
тамоми шаб ҷогаҳамро ғарқи об мекунам:
бо ашки худ бистарамро тар мекунам.
8 Чашмам аз ғусса хаста шудааст, аз дасти ҳамаи
хасмҳоям оҷиз гардидааст.
9 Аз ман дур шавед, эй ҳамаи бадкирдорон!
Зеро ки Худованд овози гирьяи маро шунидааст.
10 Худованд истигосаи маро шунидааст;
Худованд дуои маро иҷобат хоҳад кард.
11 Бигзор ҳамаи душманонам шармсор ва бисьёр ҳаросон шаванд;
дар як он хиҷил шуда, баргарданд.
7ТАРОНАИ ҲАФТУМ
Худованд шариронро ҷазо медиҳад ва бегуноҳро мераҳонад.
1 Суруди ҷонсӯзе ки Довуд ба Худованд оид ба суханони Куши Биньёминӣ хондааст.
2 Худовандо, Худои ман! Ба Ту паноҳ мебарам;
маро аз ҳамаи таъқибкунандагонам наҷот деҳ ва халос кун.
3 Мабодо вай, монанди шер, ҷонамро бидаронад,
дар сурате ки халоскунандае набошад.
4 Худовандо, Худои ман! Агар ин корро кардаам,
агар аз дастам ноинсофие ба амал омадааст,
5 Агар ба дӯстам бадӣ кардаам
ва хасмамро тиҳидаст рондаам, —
6 Бигзор душман ҷонамро таъқиб намояд, ва маро дастгир кунад,
ва ҳаётамро ба замин яксон кунад,
ва ҷалоламро ба хок занад. Село.
7 Эй Худованд, дар ғазаби Худ бархез:
бар зидди бадхашмии хасмҳоям қиём кун,
барои ман ба доварие ки амр фармудаӣ, бедор шав.
8 Анбӯҳи қабилаҳо дар гирди Ту ҷамъ хоҳанд омад;
бар онҳо ба афроз баргард.
9 Худованд қавмҳоро доварӣ хоҳад кард.
Маро, эй Худованд, аз рӯи адолатам ва аз рӯи беайбиам доварӣ намо.
10 Бигзор бадии шарирон хотима ёбад, ва одилро тақвият намо;
зеро ки Ту, эй Худои одил, имтиҳонкунандаи дилҳо ва ботинҳо ҳастӣ.
11 Сипари ман дар Худост,
ки Ӯ наҷотдиҳандаи ростдилон аст.
12 Худо Довари одил аст,
ва Худо ҳар рӯз ғазабнок аст.
13 Кас агар руҷӯъ накунад, Ӯ шамшери Худро тез мекунад,
камони Худро кашида, ба нишон мегирад;
14 Барои вай олоти мамотро тайёр мекунад,
тирҳои Худро сӯзон мегардонад.
15 Инак вай тухми бадиро кошт,
ба хабосат ҳомила шуд, ва кизбро зоид.
16 Чуқурие канд, ва онро чуқур кард,
ва ба чоҳе ки канд, худаш фурӯ ғалтид.
17 Хабосати вай бар сараш хоҳад баргашт,
ва зулми вай бар фарқаш хоҳад афтод.
18 Худовандро аз рӯи адолати Ӯ ҳамд мегӯям,
ва исми Худованди Таолоро месароям.
8ТАРОНАИ ҲАШТУМ
Мадҳ дар шаъни Офаридагор барои марҳамати Ӯ ва барои атои файз.
1 Барои сардори муғанниён бар сози Ҷот. Таронаи Довуд.
2 Худовандо, Худои мо!
Чӣ қадар боҳашамат аст исми Ту дар тамоми замин!
Ту шукӯҳи Худро бар осмон паҳн кардаӣ!
3 Аз даҳони кӯдакон ва ширмакон,
бар хилофи хасмҳои Худ, ҳамдро ба вуҷуд овардаӣ,
то ки душман ва интиқомҷӯйро хомӯш гардонӣ.
4 Вақте ки ба осмони Ту менигарам, ки санъи ангуштони Туст,
ва ба моҳ ва ситорагоне ки Ту офаридаӣ, —
5 Пас чист инсон, ки ӯро ёд кунӣ,
ва фарзанди одам, ки ӯро тафаққуд намоӣ?
6 Ӯро аз фариштагон фақат андак кам кардаӣ;
ва тоҷи ҷалол ва шавкат бар сари ӯ гузоштаӣ;
7 Ӯро бар аъмоли дастҳои Худ ҳукмфармо кардаӣ;
ҳама чизро зери пои ӯ гузоштаӣ:
8 Ҳамаи гӯсфандон ва говонро,
ҳамчунин ҳайвонҳои саҳроро,
9 Мурғони осмон ва моҳиёни баҳрро,
ҳар чиро, ки бо роҳҳои баҳр гузар мекунад.
10 Худовандо, Худои мо!
Чӣ қадар боҳашамат аст исми Ту дар тамоми замин!
9ТАРОНАИ НӮҲУМ
Суруди пурсурури Довуд баъд аз ғалаба бар душманон.
1 Барои сардори муғанниён бар мамоти Лабин. Таронаи Довуд.
2 Худовандро бо тамоми дилам ҳамд хоҳам гуфт;
ҳамаи корҳои аҷоиби Туро ҳикоят хоҳам кард.
3 Дар Ту шодӣ ва хурсандӣ хоҳам кард,
исми Туро, эй Ҳаққи Таоло, хоҳам сароид.
4 Вақте ки душманонам ба ақиб баргарданд,
пешпо хӯрда, аз пеши Ту нест хоҳанд шуд,
5 Зеро ки Ту доварӣ ва мурофиаи маро ба амал овардаӣ;
Ту, эй Довари одил, бар тахт нишастаӣ.
6 Ту бар қавмҳо итоб намудаӣ, шарирро нест кардаӣ,
номи онҳоро маҳв намудаӣ то абад.
7 Душман барҳам хӯрда,
ба сурати абадӣ хонавайрон гардидааст;
шаҳрҳояшро бе беху буньёд кардаӣ, зикрашон нест шудааст.
8 Валекин Худованд то абад қоим аст;
Ӯ тахти Худро барои доварӣ барқарор кардааст,
9 Ва Ӯ дуньёро аз рӯи инсоф доварӣ хоҳад кард,
қабилаҳоро аз рӯи ростӣ додгарӣ хоҳад намуд.
10 Ва Худованд паноҳгоҳи мазлумон хоҳад буд,
паноҳгоҳ дар лаҳзаҳои тангӣ.
11 Ва орифони исми Ту ба Ту таваккал хоҳанд кард,
чунки Ту, эй Худованд, толибони Худро тарк намекунӣ.
12 Худовандро, ки бар Сион сокин аст, бисароед,
корномаҳои Ӯро дар миёни қавмҳо шӯҳрат диҳед.
13 Зеро ки Ӯ подоши хунҳоро металабад,
онҳоро дар хотир дорад, фиғони мазлумонро фаромӯш намекунад.
14 Ба ман марҳамат намо, эй Худованд;
ба мусибате ки аз дасти бадхоҳонам мекашам, назар андоз,
ки Ту маро аз дарвозаи мамот баланд бардоштаӣ,
15 Барои он ки тамоми ҳамду санои Туро баён намоям:
дар наҷоти Ту хурсандӣ хоҳам кард.
16 Халқҳо ба чоҳе ки канда буданд, фурӯ ғалтиданд;
дар доме ки ниҳон карда буданд, пои худашон андармон шуд.
17 Худованд ба василаи доварие ки кард, шӯҳрат меёбад:
шарир ба доме афтод, ки бо кафҳои худ сохта буд. Ҳиҷойӯн+ 9:17 Ҳиҷойӯн — аз афташ, истилоҳи мусиқиест, ки замзамаро мефаҳмонад.. Село.
18 Шарирон ба дӯзах хоҳанд рафт,
яъне ҳамаи халқҳое ки Худоро фаромӯш мекунанд.
19 Зеро ки мискин ба сурати абадӣ фаромӯш нахоҳад шуд,
ва умеди камбағалон то ба охир барбод нахоҳад рафт.
20 Бархез, эй Худованд, то ки одамизод густох набошад,
ва халқҳо пеши Ту маҳкум гарданд.
21 Онҳоро, эй Худованд, ба ҳарос андоз,
то халқҳо бидонанд, ки онҳо фақат одамизод ҳастанд. Село.
Дуо дар бораи наҷот додан аз душманон ва умед бастан ба мадади Худо.
22 Чаро, эй Худованд, дур меистӣ?
Ва дар вақти тангӣ Худро пинҳон медорӣ?
23 Шарир дар ғурури худ камбағалро таъқиб мекунад;
кошки худашон ба найрангҳое ки андешидаанд, гирифтор шаванд!
24 Зеро ки шарир бо ҳирси нафси худ меболад,
ва тамаъкор ба Худованд беэътиноӣ мекунад.
25 Шарир дар такаббури худ мегӯяд: «Ӯ бозхост нахоҳад кард»;
тамоми хаёли вай ин аст, ки «Худо нест».
26 Роҳҳои вай ҳама вақт бомуваффақият аст;
довариҳои Ту аз вай бағоят дур аст;
ба ҳамаи хасмҳои худ беэътиноӣ мекунад;
27 Дар дили худ мегӯяд: «Фурӯ нахоҳам ғалтид;
ҳаргиз бадие нахоҳам дид».
28 Даҳони вай аз лаънат, макр ва фиреб пур аст;
дар зери забонаш бадӣ ва хабосат аст.
29 Дар пушти работҳо камин мегирад;
дар ҷойҳои ниҳонӣ бегуноҳро мекушад;
чашмонаш аз паи бечора мепояд.
30 Дар ҷои ниҳонӣ, мисли шер дар лонаи худ, камин мегирад;
барои қапидани камбағал камин мегирад,
ва камбағалро қапида, ба доми худ мекашад;
31 Ба зону нишаста, хам мешавад, —
ва бечорагон ба чанголи пурзӯри вай меафтанд.
32 Дар дили худ мегӯяд: «Худо фаромӯш кардааст,
рӯи Худро пӯшидааст, ҳаргиз нахоҳад дид».
33 Эй Худованд, бархез! Эй Худо, дасти Худро бардор,
ҳалимонро фаромӯш накун.
34 Чаро шарир ба Худо беэътиноӣ карда,
дар дили худ мегӯяд: «Ту бозхост нахоҳӣ кард»?
35 Ту мебинӣ, зеро ки Ту ба азоб ва кулфат менигарӣ, то ки бо дасти Худ сазо диҳӣ.
Бечора худро ба Ту месупорад;
мададгори ятим Ту ҳастӣ.
36 Бозуи шарир ва бадкешро бишкан,
ба тавре ки агар шарораташро ҷустуҷӯ намоӣ, ёфт нашавад.
37 Худованд подшоҳ аст то абад;
мағрурон аз замини Ӯ нест хоҳанд шуд.
38 Худовандо! Орзуи ҳалимонро шунидаӣ;
дили онҳоро қавӣ гардон; гӯшатро бикшо,
39 То ки ятим ва мазлумро дар доварӣ ҳимоят намоӣ,
ва одаме ки аз хок аст, дигар онҳоро натарсонад.
10ТАРОНАИ ДАҲУМ
Худованд одилонро дӯст медорад ва аз шарирон нафрат дорад.
1 Барои сардори муғанниён. Таронаи Довуд.
Ба Худованд паноҳ мебарам;
чӣ гуна шумо ба ҷонам мегӯед: «Мисли мурғе ба кӯҳи худ бигрез»?
2 Зеро инак шарирон камонро кашидаанд,
тири худро ба зеҳи он гузоштаанд,
то ки дар торикӣ ба ростдилон биандозанд.
3 Дар сурате ки буньёдҳо вайрон шудааст,
одил чӣ кор карда метавонад?
4 Худованд дар қасри қудси Худ сокин аст;
тахти Худованд дар осмон аст;
чашмони Ӯ менигарад, пилкҳои Ӯ банӣ‐одамро имтиҳон мекунад.
5 Худованд одилро имтиҳон мекунад, вале аз шарир ва дӯстдори хабосат ҷони Ӯ нафрат дорад.
6 Бар шарирон ахгарҳо,
оташ ва кибрит хоҳад боронид, ва боди самум ҳиссаи косаи онҳо хоҳад шуд.
7 Зеро ки Худованд одил аст, адолатро дӯст медорад;
рӯи Ӯ ба росткор нигаронида шудааст.
11ТАРОНАИ ЁЗДАҲУМ
Дуо дар бораи наҷот додани одилон аз дасти шарирон.
1 Барои сардори муғанниён бар сози ҳашттор. Таронаи Довуд.
2 Наҷот деҳ, эй Худованд, зеро ки порсо боқӣ намондааст;
зеро ки аз миёни банӣ‐одам аминон нест шудаанд.
3 Ҳар яке ба ёри худ суханони ботил мегӯяд;
лабони пуртамаллуқ аз дили мунофиқ сухан меронанд.
4 Худованд ҳамаи лабони пуртамаллуқро нест хоҳад кард,
ва ҳар забонеро, ки ҳавобаландона сухан меронад,
5 Яъне онҳоеро, ки мегӯянд: «Бо забони худ зӯр мебароем,
лабони мо бо мост; кист, ки бар мо оғо бошад?»
6 Аз боиси тороҷи камбағалон ва оҳу фиғони мискинон алҳол қиём мекунам,
мегӯяд Худованд, ва он касеро, ки гирифтори доми найранг аст, наҷот медиҳам.
7 Суханони Худованд суханони покиза аст, нуқраест,
ки дар кӯра аз хок тоза карда ва ҳафт карат гудохта шудааст.
8 Ту, эй Худованд, онҳоро нигаҳбонӣ хоҳӣ кард,
аз ин насл то абад муҳофизат хоҳӣ намуд.
9 Шарирон дарбадар гардиш хоҳанд кард,
вақте ки одамони залил баланд мешаванд.
12ТАРОНАИ ДУВОЗДАҲУМ
Андӯҳ дар бораи даранг кардани мадади Худо.
1 Барои сардори муғанниён. Таронаи Довуд.
2 То ба кай, эй Худованд, маро доим фаромӯш мекунӣ?
То ба кай рӯи Худро аз ман пинҳон медорӣ?
3 То ба кай дар ҷонам андешаҳои ҳузнангез
ва дар дилам ҳар рӯз ғаму ғусса дошта бошам?
То ба кай душманам бар ман дастболо бошад?
4 Назар афканда, маро иҷобат намо, эй Худованд Худои ман!
Чашмонамро равшан бикун, ки мабодо хоби марг равам;
5 Мабодо душманам гӯяд: «Аз вай зӯр баромадам»;
ва адуёнам шодӣ кунанд, вақте ки ман фурӯ ғалтам.
6 Валекин ман ба эҳсони Ту таваккал менамоям;
дилам дар наҷоти Ту шодӣ мекунад;
дар шаъни Худованд суруд мехонам,
зеро ки Ӯ ба ман таваҷҷӯҳ намудааст.
13ТАРОНАИ СЕЗДАҲУМ
Нокасии шарирон.
Ваъдаи халосӣ ба баргузидагон.
1 Барои сардори муғанниён. Таронаи Довуд.
Нокас дар дили худ гуфт: «Худо нест».
Онҳо фосид шудаанд, корҳои зишт кардаанд;
некӯкоре нест.
2 Худованд аз осмон ба банӣ‐одам назар андохт,
то бубинад, ки оё касе соҳибфаҳм ва толиби Худо ҳаст?
3 Ҳама рӯй тофтаанд, бо ҳамдигар фосиқ шудаанд;
некӯкоре нест, як нафар ҳам нест.
4 Оё ҳамаи бадкирдорон фаҳм намекунанд,
ки қавми маро мехӯранд, чунон ки нон мехӯранд?
Худовандро нахондаанд.
5 Он вақт сахт ҳаросон шуданд,
зеро ки Худованд дар насли одилон зоҳир гардидааст.
6 Шумо рои ҳалимонро тамасхур кардед,
аммо Худованд пуштибони онҳост.
7 Кошки наҷоти Исроил аз Сион ба амал ояд!
Вақте ки Худованд асирони қавми Худро баргардонад,
Яъқуб хурсанд ва Исроил шод хоҳад шуд.
14ТАРОНАИ ЧОРДАҲУМ
Некӯкории баргузидагон.
1 Таронаи Довуд.
Худовандо! Кист, ки дар хаймаи Ту иқомат намояд?
Кист, ки дар кӯҳи муқаддаси Ту сокин шавад?
2 Касе ки дар рафтораш беайб бошад, ва аз рӯи адолат амал кунад,
ва дар дили худ ростгӯй бошад;
3 Бо забони худ бӯҳтон назанад, ба ёри худ бадӣ накунад,
ва ақрабои худро таҳқир нанамояд;
4 Манфур дар назараш разил бошад,
валекин тарсгорони Худовандро иззат кунад;
қасамаш ба зарари худаш бошад ҳам, онро тағьир надиҳад;
5 Пули худро ба фоида надиҳад,
ва бар зидди бегуноҳ ришва нагирад, —
касе ки чунин рафтор мекунад, то абад фурӯ нахоҳад ғалтид.
15ТАРОНАИ ПОНЗДАҲУМ
Дуои Довуд дар бораи он ки Худованд ӯро дар миёни баргузидагон маҳфуз дорад ва сазовори ҳаёти ҷовидонӣ гардонад.
1 Суруди Довуд.
Маро нигаҳбонӣ намо, эй Худо, зеро ки ба Ту паноҳ мебарам.
2 Ба Худованд гуфтам: Ту Худованди ман ҳастӣ;
некӯӣ барои ман ҷуз аз Ту нест.
3 Ба муқаддасон низ, ки дар мамлакат ҳастанд,
ва ба нерумандон — тамоми иштиёқи ман дар онҳост.
4 Кулфатҳои онҳое ки худои дигареро мепарастанд, афзун хоҳад шуд;
қурбониҳои рехтании хунини онҳоро нахоҳам рехт,
ва номҳои онҳоро ба забон нахоҳам овард.
5 Худованд ҳиссаи насибаи ман ва косаи ман аст;
Ту қуръаи маро нигоҳ доштаӣ.
6 Марзаҳои ман ба мақомҳои хуш афтодааст,
ва мероси зебое ба ман расидааст.
7 Худовандро муборак мехонам, ки Ӯ маро ҳидоят намудааст;
шабҳо низ ботинам маро меомӯзад.
8 Ҳамеша Худовандро пеши назари худ мебинам,
зеро ки Ӯ ба ямини ман аст; фурӯ нахоҳам ғалтид.
9 Ба ин сабаб дилам шод шуд, ва рӯҳам ба ваҷд омад;
ҷисмам низ дар осудагӣ сокин хоҳад шуд;
10 Зеро ки Ту ҷони маро дар дӯзах нахоҳӣ андохт;
нахоҳӣ гузошт, ки Куддуси Ту фаноро бубинад.
11 Тариқи ҳаётро ба ман биомӯз:
камоли шодиҳо ба ҳузури Туст,
ва хушиҳо ба ямини Туст то абад.
16ТАРОНАИ ШОНЗДАҲУМ
Дуо дар бораи халосӣ додан аз душманон.
1 Дуои Довуд.
Эй Худованд, адолатро бишнав, тазаррӯи маро иҷобат намо,
ба дуои ман, ки аз лабони бемакр берун меояд, гӯш андоз.
2 Бигзор ҳукмномаи ман аз ҳузури Ту барояд:
чашмони Ту ростбин аст.
3 Диламро имтиҳон кардӣ, шабона тафаққуд намудӣ,
маро озмудӣ, ва чизе наёфтӣ:
андешаи баде надорам, ки ба забон оварда натавонам.
4 Дар амалиёти инсонӣ, мувофиқи каломи лабони Ту,
худро аз роҳҳои золим нигоҳ доштам.
5 Қадамҳоямро дар роҳҳои Худ қоим гардон,
то ки пойҳоям налағҷад.
6 Ман Туро мехонам, зеро ки Ту, эй Худо, маро иҷобат менамоӣ;
гӯши Худро сӯи ман хам намо ва суханамро бишнав.
7 Эҳсонҳои аҷоиби Худро бинамо,
эй Наҷотдиҳандаи паноҳбарон аз онҳое
ки бар зидди ямини Ту қиём мекунанд.
8 Ҳамчун гавҳараки чашм маро нигаҳбонӣ намо;
дар сояи болҳои Худ маро пинҳон бикун
9 Аз шарироне ки ба ман ситам мекунанд, —
аз душманони қасди ҷонам, ки маро иҳота менамоянд.
10 Амъояшон чарбу баста,
даҳонашон суханони мағрурона мегӯяд.
11 Дар ҳар қадамамон алҳол моро иҳота мекунанд;
чашмони худро дӯхтаанд, то ки маро ба замин ғалтонанд;
12 Вай мисли шерест, ки ба даридан ҳарис бошад,
ва мисли шери ҷавонест, ки дар камингоҳ нишаста бошад.
13 Бархез, эй Худованд, аз вай пешдастӣ карда,
варо мағлуб намо, ҷонамро аз шарир бо шамшерат бираҳон,
14 Яъне аз сафилон бо дасти Худ, эй Худованд;
аз сафилони дуньё, ки аз ин зиндагӣ баҳраманданд,
ва ганҷинаи Ту шиками онҳоро пур мекунад;
фарзандҳошон низ сер шуда,
бақияи онро ба бачагони худ мемонанд.
15 Ман дар адолат рӯи Туро хоҳам дид;
чун бедор шавам, аз сурати Ту сер хоҳам шуд.
17ТАРОНАИ ҲАФДАҲУМ
Суруди ҳамду сано дар шаъни Худо,
ки Наҷотдиҳанда аз ҳамаи душманон мебошад.
1 Барои сардори муғанниён. Суруди бандаи Худованд Довуд, ки суханони ин сурудро ба Худованд гуфт, дар рӯзе ки Худованд ӯро аз панҷаи ҳамаи душманонаш ва аз дасти Шоул халос кард. Ва ӯ гуфт:
2 Туро, эй Худованд, эй қуввати ман, дӯст медорам!
3 Худованд сахраи ман аст, ва қалъаи ман,
ва раҳокунандаи ман;
Худои ман кӯҳпораи ман аст; ба Ӯ паноҳ мебарам;
Ӯ сипари ман аст, ва шохи наҷоти ман, ва паноҳгоҳи ман.
4 Худовандро мамдӯҳ хоҳам хонд,
ва аз душманонам наҷот хоҳам ёфт.
5 Камандҳои мамот бар ман печида буд,
ва селобҳои мӯҳлик маро ба ҳарос андохта буд;
6 Азобҳои гӯр маро иҳота карда буд,
домҳои мамот пеши роҳи маро гирифта буд.
7 Дар тангии худ Худовандро хондам,
ва ба Худои худ истиғоса бурдам.
Овозамро аз қасри Худ шунид,
ва истиғосае ки пеши Ӯ бурдам, ба гӯшаш расид.
8 Ва замин ба зилзила ва раъша омад,
ва пояҳои кӯҳҳо биларзид ва биҷунбид,
зеро ки Ӯ дарғазаб шуд;
9 Аз димоғи Ӯ дуд баромад,
ва аз даҳонаш оташи оламсӯз;
ахгарҳои сӯзон аз Ӯ пайдо шуд.
10 Ва осмонро хамонида, нузул кард,
ва абри сиёҳ зери пойҳои Ӯ буд.
11 Ва бар каррубӣ савор шуда, парид,
ва бар болҳои бод парвоз кард.
12 Торикиро пардаи Худ,
хаймаи гирдогирди Худ бисохт,
ки торикии обҳо ва абрҳои осмон буд.
13 Аз дурахшонӣ пеши Ӯ абрҳояш мешитофтанд,
бо жола ва ахгарҳои оташ.
14 Ва Худованд дар осмон гулдуррос зад,
ва Ҳаққи Таоло овози Худро бидод,
бо жола ва ахгарҳои оташ.
15 Ва тирҳои Худро фиристода, онҳоро пароканда намуд,
ва барқҳо андохта, онҳоро ҳаросон кард.
16 Ва маҷроҳои об намудор шуд,
ва пояҳои дуньё аз итоби Ту, эй Худованд,
аз вазиши боди димоғи Ту ошкор гардид.
17 Аз афроз дасти ёрӣ дароз карда, маро баргирифт,
аз обҳои бисьёр маро берун кашид;
18 Аз душмани пурзӯрам ва аз бадхоҳонам,
ки аз ман тавонотар буданд, маро халос кард.
19 Дар рӯзи мусибатам бар ман пешдастӣ карданд,
валекин Худованд муттакои ман буд.
20 Ва маро ба вусъатобод баровард, маро раҳо кард,
зеро ки ҳусни таваҷҷӯҳи Ӯ бар ман аст.
21 Худованд аз рӯи адолатам маро мукофот кард,
мувофиқи покии дастҳоям ба ман подош дод,
22 Зеро ки роҳҳои Худовандро нигоҳ доштаам,
ва аз пеши Худои худ ба шарорат дода нашудаам;
23 Зеро ки ҳамаи дастурҳои Ӯ пеши назари ман аст,
ва фароизи Ӯро аз худам дур накардаам.
24 Ва пеши Ӯ беайб будам,
ва ҳазар менамудам, ки гуноҳе накунам.
25 Ва Худованд аз рӯи адолатам,
мувофиқи покии дастҳоям пеши чашмони Ӯ, ба ман подош дод.
26 Бо некӯкор Ту некӯкорона рафтор мекунӣ,
бо марди ростдил ростдилона,
27 Бо покдил — покдилона
ва бо каҷрав — каҷравона.
28 Зеро ки Ту мардуми ҳалимро наҷот медиҳӣ,
ва чашмони ҳавобаландро паст мекунӣ.
29 Зеро ки Ту, эй Худованд, чароғи маро дармегиронӣ:
Худои ман торикии маро равшан мекунад;
30 Зеро ки бо Ту ба қӯшуне тохт меоварам,
ва бо Худои худ аз ҳисорҳо ҷаста мегузарам.
31 Тариқи Худо комил аст,
сухани Худованд покиза аст;
Ӯ барои ҳамаи паноҳбарони Худ сипар аст.
32 Зеро кист Худо, ҷуз аз Худованд?
Ва кист кӯҳпора, ғайр аз Худои мо?
33 Худо камари маро бақувват мебандад,
ва роҳи маро рост мегардонад.
34 Пойҳои маро мисли оҳувон мегардонад,
ва бар баландиҳоям маро ба по мехезонад;
35 Дастҳои маро ҷанг меомӯзад,
ва бозувонам камони мисинро ӯҳда карда метавонад.
36 Ва сипари наҷоти Худро ба ман ато фармудаӣ,
ва ямини Ту маро дастгирӣ мекунад,
ва ҳилми Ту маро бузург мегардонад.
37 Қадами маро зери ман вусъат медиҳӣ,
ва пойҳоям намелағҷад.
38 Душманонамро таъқиб менамоям ва ба онҳо рафта мерасам,
ва то онҳоро маҳв накунам, барнамегардам;
39 Онҳоро зада пахш мекунам, ва онҳо хеста наметавонанд;
зери пойҳои ман меафтанд;
40 Зеро ки камари маро барои ҳарбу зарб бақувват бастаӣ,
ва мухолифонамро зери поям андохтаӣ.
41 Душманонамро дар гурез андохтаӣ,
ва ман бадхоҳонамро маҳв мекунам:
42 Онҳо истиғоса мебаранд, валекин наҷотдиҳандае нест;
Худовандро мехонанд, аммо Ӯ онҳоро иҷобат намекунад;
43 Онҳоро чун ғуборе пеши бод соида пош медиҳам,
чун лои кӯчаҳо онҳоро поймол мекунам.
44 Маро аз ҷангу ҷидоли қавм раҳо кардаӣ, сари халқҳо гардондаӣ;
қавме ки намешинохтамаш,
ба ман хизмат мекунад;
45 Фақат овозаи маро шунида, ба ман тобеъ мешаванд;
аҳли ғайр ба ман тамаллуқ мегӯянд;
46 Аҳли ғайр пажмурдаҳол мешаванд
ва аз истеҳкомоти худ бо тарсу ларз мебароянд.
47 Худованд Ҳай аст, ва кӯҳпораи ман муборак аст,
ва Худои наҷоти ман сарафроз бод, —
48 Худое ки интиқоми маро мегирад
ва қавмҳоро зердасти ман мегардонад.
49 Маро аз душманонам раҳо кардаӣ,
аз мухолифонам баланд бардоштаӣ,
аз золим халосӣ додаӣ.
50 Бинобар ин Туро, эй Худованд,
дар миёни халқҳо ҳамду сано хоҳам гуфт
ва исми Туро хоҳам сароид.
51 Ӯ ба подшоҳи Худ зафарҳои бузурге мебахшад,
ва ба масеҳи Худ эҳсон мекунад,
яъне ба Довуд ва ба зурьёти вай то абад.
18ТАРОНАИ ҲАЖДАҲУМ
Тамоми дуньё ҷалол, кибриё ва адолати Худоро эълон менамояд.
1 Барои сардори муғанниён. Таронаи Довуд.
2 Осмонҳо ҷалоли Худоро эълон мекунанд,
ва фалак аз амали дастҳои Ӯ хабар медиҳад.
3 Рӯз бо рӯз сухан мегӯяд,
ва шаб бо шаб фикр изҳор мекунад.
4 На гуфтор аст, на сухан;
овози онҳо ба гӯш намерасад.
5 Садои онҳо ба тамоми замин меравад,
ва каломи онҳо то ақсои дуньё.
Дар онҳо Ӯ барои офтоб хаймае барпо намудааст,
6 Ва он мисли домод аз ҳаҷлаи худ берун меояд,
мисли паҳлавон аз тай кардани роҳаш шод мешавад:
7 Баромадани он аз як канори осмон аст,
ва гардиши он то канори дигар аст,
ва ҳеҷ чиз аз гармии он пинҳон нест.
8 Тавроти Худованд комил аст, ба кас ҷон мебахшад;
шаҳодати Худованд боэътимод аст, нодонро доно мегардонад.
9 Фармудҳои Худованд ҳақ аст, дилро шод мекунад;
аҳкоми Худованд равшан аст, чашмро мунаввар месозад.
10 Тарси Худованд пок аст, то абад мемонад.
Дастурҳои Худованд рост аст, ҳамааш ҳаққонист;
11 Аз тилло ва аз зари холиси бисьёр марғубтар аст,
ва аз асал ва қатраҳои шираи орухона ширинтар аст.
12 Бандаи Ту низ дар онҳо эҳтиёт мешавад:
дар риояи онҳо подоши бузурге ҳаст.
13 Кист, ки саҳвҳоро фаҳмида тавонад?
Маро аз хатоҳои пӯшидаам пок намо,
14 Аз бадқасдон низ бандаи Худро нигоҳ дор,
то ки бар ман ҳукмфармо нашаванд.
Он гоҳ ман беайб ва аз ҷинояти азим пок хоҳам буд.
15 Бигзор суханони даҳонам
ва андешаи дилам писандидаи Ту бошад,
эй Худованд, ки кӯҳпораи ман ва раҳокунандаи ман ҳастӣ!
19ТАРОНАИ НУЗДАҲУМ
Дуо дар бораи баракат.
1 Барои сардори муғанниён. Таронаи Довуд.
2 Бигзор туро Худованд дар рӯзи тангӣ иҷобат намояд,
исми Худои Яъқуб паноҳгоҳи ту бошад;
3 Аз қудс ба ту мадад фиристад,
ва аз Сион ба ту ёварӣ намояд;
4 Ҳамаи ҳадияҳои туро ба ёд оварад,
ва қурбонии сӯхтании туро бо ризомандӣ қабул кунад. Село.
5 Бигзор муроди дилатро ба ту ато фармояд,
ва ҳамаи нақшаҳоятро ба иҷро расонад.
6 Ба наҷоти ту тараннум менамоем,
ва ба исми Худои худ байрақ мебардорем.
Худованд ҳамаи талабҳоятро ба иҷро расонад.
7 Ҳоло донистаам, ки Худованд масеҳи Худро наҷот медиҳад;
аз афлоки қудси Худ бо қудрати наҷотбахши
ямини Худ ӯро иҷобат менамояд.
8 Баъзеҳо аробаҳоро ва баъзеҳо аспҳоро,
вале мо исми Худованд Худои худро зикр менамоем;
9 Онҳо мағлуб шуда, афтодаанд,
вале мо бархоста, рост истодаем.
10 Худовандо! Подшоҳро наҷот деҳ,
ва дар рӯзе ки бихонем, моро иҷобат намо.
20ТАРОНАИ БИСТУМ
Дуои шукрона барои наҷот.
1 Барои сардори муғанниён. Таронаи Довуд.
2 Худовандо, аз қуввати Ту подшоҳ хурсандӣ мекунад,
ва аз наҷоти Ту бисьёр шод мешавад.
3 Муроди дилашро ба ӯ ато фармудаӣ,
ва талабҳои лабонашро рад накардаӣ. Село.
4 Зеро ки ӯро бо баракатҳои хайрхоҳӣ пешвоз гирифтаӣ,
тоҷе аз зари холис бар сари ӯ гузоштаӣ.
5 Аз Ту ҳаёт пурсид,
ба ӯ умри дароз бахшидаӣ то абад.
6 Ҷалоли ӯ дар наҷоти Ту бузург аст;
шукӯҳ ва шавкат бар ӯ овардаӣ.
7 Зеро ки баракатҳо то абад бар ӯ ниҳодаӣ,
бо шодии рӯи Худ ӯро шод кардаӣ;
8 Зеро ки подшоҳ ба Худованд таваккал мекунад,
ва бо эҳсони Ҳаққи Таоло фурӯ нахоҳад ғалтид.
9 Дасти Ту ҳамаи душманонатро хоҳад ёфт,
ямини Ту бадхоҳонатро хоҳад ёфт.
10 Дар вақти хашми Худ онҳоро мисли танӯри оташ хоҳӣ кард;
Худованд дар ғазаби Худ онҳоро фурӯ хоҳад бурд,
ва оташ онҳоро хоҳад хӯрд.
11 Самари онҳоро аз замин маҳв хоҳӣ кард,
ва зурьёти онҳоро аз миёни банӣ‐одам.
12 Вақте ки онҳо қасди бадӣ бар Ту карданд,
ва дасисаҳо андешиданд,
онро натавонистанд ба амал оваранд.
13 Онҳоро водор хоҳӣ кард, ки пушт гардонанд;
зеҳҳои камони Худро ба рӯи онҳо хоҳӣ кашид.
14 Дар қуввати Худ, эй Худованд, сарафроз бош:
қудрати Туро тараннум хоҳем кард ва хоҳем сароид.
21ТАРОНАИ БИСТУ ЯКУМ
Таронаи пайғамбаронаи Довуд дар бораи азобу уқубати Исо, ҷалоли Ӯ ва дар бораи хизмати абадии баргузидагон барои Ӯ.
1 Барои сардори муғанниён. Дар шаъни шафақи субҳ. Таронаи Довуд.
2 Худои ман! Худои ман! Чаро маро тарк кардаӣ?
Аз наҷотам ва аз суханони фиғонам дур ҳастӣ.
3 Эй Худои ман! Рӯзона мехонам, ва маро иҷобат намекунӣ,
шабона низ, ва маро оромӣ нест.
4 Вале Ту, эй Қуддус,
бар ҳамду саноҳои Исроил нишастаӣ.
5 Падарони мо ба Ту таваккал мекарданд;
таваккал мекарданд, ва онҳоро раҳоӣ медодӣ;
6 Сӯи Ту фарьёд мекашиданд ва халосӣ меёфтанд;
ба Ту таваккал мекарданд ва хиҷил намешуданд.
7 Валекин ман кирм ҳастам, ва на одамизод;
нанги мардумон ҳастам ва нафратзадаи қавм.
8 Ҳар кӣ маро бинад, тамасхур мекунад;
лаб мекушоянд, сар меҷунбонанд:
9 «Ба Худованд таваккал карда буд, ӯро раҳо кунад;
агар дилхоҳаш бошад, ӯро наҷот диҳад».
10 Аммо Ту маро аз шикам берун овардаӣ,
бар пистони модарам эмин доштаӣ.
11 Аз батн бар Ту партофта шудаам;
аз шиками модарам Ту Худои ман ҳастӣ.
12 Аз ман дур набош, зеро ки тангӣ наздик аст,
ва мададгоре нест.
13 Говони бисьёре маро иҳота кардаанд,
говмешони Бошон даври маро гирифтаанд,
14 Даҳони худро бар ман воз кардаанд,
мисли шере ки медарад ва наъра мезанад.
15 Мисли об пош хӯрдаам;
ҳамаи устухонҳоям аз ҳам ҷудо шудааст;
дилам чун мум гардида, андаруни амъоям гудохта шудааст.
16 Қувватам мисли сафол хушкидааст,
забонам ба комам часпидааст,
ва маро бар хоки мамот ниҳодаӣ.
17 Зеро ки сагон маро иҳота кардаанд;
тӯдаи бадкешон гирди маро ҳамчун шере гирифта,
дастҳо ва пойҳоямро маҷрӯҳ карданд.
18 Ҳамаи устухонҳоямро мешуморам,
лекин онҳо тамошокунон аз ман ниқор мегиранд.
19 Сару либоси маро дар миёни худ тақсим мекунанд
ва бар пероҳани ман қуръа мепартоянд.
20 Валекин Ту, эй Худованд, дур набош.
Эй қуввати ман, ба мадади ман шитоб кун.
21 Ҷонамро аз шамшер халос кун,
ягонаамро аз дасти сагон.
22 Маро аз даҳони шер наҷот деҳ, ва иҷобат намуда,
аз шохҳои говони ваҳшӣ халос кун.
23 Исми Туро ба бародаронам шӯҳрат хоҳам дод,
дар миёни ҷамоат Туро мадҳ хоҳам кард.
24 Эй тарсгорони Худо, Ӯро мадҳ кунед!
Эй тамоми насли Яъқуб, Ӯро ҷалол диҳед!
Ва эй тамоми насли Исроил, аз Ӯ тарсон бошед!
25 Зеро ки Ӯ мазлумияти камбағалро ҳақир ва хор намешуморад,
ва рӯи Худро аз вай пинҳон надошт,
балки, чун сӯи Ӯ истиғоса бурд, варо иҷобат намуд.
26 Ҳамду санои ман дар ҷамоати бузург аз Туст.
Назрҳоямро пеши тарсгорони Ӯ адо хоҳам кард.
27 Бигзор ҳалимон бихӯранду сер шаванд;
толибони Худованд Ӯро мадҳ кунанд;
дилҳои шумо то абад зинда бод.
28 Тамоми ақсои замин Худовандро зикр намуда, сӯи Ӯ руҷӯъ хоҳанд кард,
ва ҳамаи қабилаҳои халқҳо пеши Ту саҷда хоҳанд кард,
29 Зеро ки салтанат аз они Худованд аст,
ва Ӯ бар халқҳо ҳукмфармост.
30 Ҳамаи танумандони замин хӯрда, саҷда хоҳанд кард;
ҳар кӣ ба хок мефурояд ва ҷони худро зинда карда наметавонад, пеши Ӯ зону хоҳад зад.
31 Зурьёташон Ӯро ибодат хоҳанд намуд,
корномаҳои Худовандро ба насли баъдина ривоят хоҳанд кард;
32 Онҳо омада, адолати Ӯро, ки ба амал овардааст,
ба қавме ки таваллуд хоҳад шуд, нақл хоҳанд кард.
22ТАРОНАИ БИСТУ ДУЮМ
Файзи Худо ва марҳамат ҳамеша ҳамроҳи баргузидагон мебошад.
1 Таронаи Довуд.
Худованд Чӯпони ман аст: ба ҳеҷ чиз мӯҳтоҷ нахоҳам шуд.
2 Дар чарогоҳҳои сералаф маро мехобонад,
сӯи обҳои роҳатафзо маро мебарад,
3 Ҷонамро қувват мебахшад,
ба хотири исми Худ маро
ба роҳҳои адолат равона мекунад.
4 Дар водии зулмот роҳ равам ҳам,
аз бадӣ наметарсам, чунки Ту бо ман ҳастӣ;
асо ва чӯбдасти Ту маро тасаллӣ медиҳад.
5 Суфрае барои ман пеши назари хасмҳоям андохтаӣ,
бо равған сарамро тадҳин намудаӣ;
косаи ман лабрез аст.
6 Пас, некӯӣ ва эҳсон тамоми айёми умрам бо ман ҳамроҳӣ хоҳанд кард,
ва ман муддати дуру дароз дар хонаи Худованд сокин хоҳам буд.
23ТАРОНАИ БИСТУ СЕЮМ
Тамоми дуньё аз они Худованд аст.
1 Таронаи Довуд.
Замин ва ҳар чӣ дар он аст, дуньё ва сокинони он аз они Худованд аст;
2 Зеро ки Ӯ онро бар баҳрҳо буньёд кардааст
ва бар дарьёҳо барқарор намудааст.
3 Кист, ки ба кӯҳи Худованд барояд,
ва кист, ки дар мақоми муқаддаси Ӯ биистад?
4 Каси покизадаст ва покдил,
ки ҷонаш ба орзуҳои беҳуда нигаронида нашуда бошад,
ва қасами дурӯғ нахӯрда бошад, —
5 Баракат аз Худованд
ва хайр аз Худои наҷотдиҳандаи худ хоҳад ёфт.
6 Ин аст насли толибони Ӯ,
толибони рӯи Ту, эй Худои Яъқуб! Село.
7 Эй дарвозаҳо, сарҳои худро баланд кунед!
Ва эй дарҳои қадим, бардошта шавед!
Подшоҳи ҷалол меояд!
8 Кист ин Подшоҳи ҷалол? —
Худованди қодир ва ҷаббор,
Худованде ки дар ҷанг ҷаббор аст.
9 Эй дарвозаҳо, сарҳои худро баланд кунед!
Ва эй дарҳои қадим, бардошта шавед!
Подшоҳи ҷалол меояд!
10 Кист Ӯ, ин Подшоҳи ҷалол? —
Худованди лашкарҳост,
ки Ӯ Подшоҳи ҷалол аст. Село.
24ТАРОНАИ БИСТУ ЧОРУМ
Дуо дар бораи роҳҳои ростии Худо ва дар бораи марҳамат ба баргузидагон.
1 Таронаи Довуд.
Сӯи Ту, эй Худованд, ҷонамро баланд мекунам.
2 Эй Худои ман! Ба Ту таваккал кардаам,
хиҷил нахоҳам шуд,
душманонам бар ман тантана нахоҳанд кард;
3 Ҳамаи умедворони Ту низ хиҷил нахоҳанд шуд;
онҳое ки бесабаб хиёнат мекунанд, хиҷил хоҳанд шуд.
4 Роҳҳои Худро, эй Худованд, ба ман маълум намо,
тариқҳои Худро ба ман таълим деҳ.
5 Ба ростии Худ маро ҳидоят намо, ва маро таълим деҳ,
зеро ки Ту Худои наҷоти ман ҳастӣ;
ҳар рӯз ба Ту умедворам.
6 Худовандо! Марҳаматҳо ва эҳсонҳои Худро
ба ёд ор,
зеро ки онҳо аз азал буданд.
7 Хатоҳои ҷавонӣ ва ҷиноятҳои маро ба ёд наор;
аз рӯи эҳсони Худ Ту маро ёд кун,
ба хотири меҳрубонии Худ, эй Худованд!
8 Худованд некӯ ва росткор аст,
бинобар ин ба хатокорон роҳ нишон медиҳад,
9 Ҳалимонро ба роҳи инсоф меандозад,
ва ба ҳалимон тариқи Худро таълим медиҳад.
10 Ҳамаи роҳҳои Худованд марҳамат ва ростист,
барои онҳое ки аҳди Ӯ ва шаҳодоти Ӯро риоя мекунанд.
11 Ба хотири исми Худ, эй Худованд,
гуноҳи маро биомурз, гарчанде ки бузург аст.
12 Кист он касе ки аз Худованд метарсад?
Варо ӯ ба роҳе ки интихоб намудааст,
ҳидоят хоҳад кард.
13 Ҷони вай дар некӣ сокин хоҳад шуд,
ва зурьёти вай вориси замин хоҳанд буд.
14 Сирри Худованд бо тарсгорони Ӯст,
ва аҳди Худро ба онҳо маълум мекунад.
15 Чашмонам ҳамеша сӯи Худованд аст,
зеро ки Ӯ пойҳои маро аз дом берун меоварад.
16 Ба ман лутф намо, ва ба ман марҳамат намо,
зеро ки танҳо ва мискин ҳастам.
17 Ғуссаҳои дилам афзудааст;
маро аз мусибатҳоям берун ор;
18 Ба мискинӣ ва азоби ман назар кун,
ва ҳамаи хатоҳоямро биомурз.
19 Ба душманонам назар андоз, ки чӣ қадар бисьёр шудаанд,
ва чӣ гуна кинаи шадиде ба ман меварзанд.
20 Ҷонамро муҳофизат намо, ва маро халосӣ деҳ,
то хиҷил нашавам, зеро ки ба Ту паноҳ бурдаам.
21 Бигзор беайбӣ ва росткорӣ нигаҳбони ман бошанд,
зеро ки ба Ту умед мебандам.
22 Исроилро, эй Худованд,
аз ҳамаи тангиҳои вай раҳоӣ деҳ.
25ТАРОНАИ БИСТУ ПАНҶУМ
Дуо дар бораи наҷот додани бегуноҳон.
1 Таронаи Довуд. Маро дар доварӣ ҳимоят намо, эй Худованд,
зеро ки ман дар беайбии худ рафтор кардаам,
ва ба Худованд таваккал намудаам, пас пешпо нахоҳам хӯрд.
2 Маро имтиҳон намо, эй Худованд, ва маро биозмой;
ботинам ва диламро бигудоз;
3 Зеро ки эҳсони Ту пеши назари ман аст,
ва дар ростии Ту рафтор кардаам;
4 Бо мардуми каҷрафтор нанишастаам,
ва бо риёкорон нахоҳам рафт;
5 Аз ҷамоати бадкешон нафрат дорам,
ва бо шарирон нахоҳам нишаст;
6 Кафҳоямро ба покӣ хоҳам шуст,
ва гирди қурбонгоҳи Ту, эй Худованд, хоҳам гашт,
7 То ки овози шукронаи худро бишнавонам,
ва ҳамаи корҳои аҷоиби Туро нақл намоям.
8 Худовандо! Макони хонаи Туро дӯст медорам,
ва мақоми маскани ҷалоли Туро.
9 Ҷонамро бо хатокорон
ва ҳаётамро бо хунхӯрон нобуд накун,
10 Ки дар дастҳошон фисқу фуҷур аст,
ва яминашон пур аз ришва.
11 Валекин ман дар беайбии худ рафтор мекунам;
маро раҳоӣ деҳ ва ба ман марҳамат намо.
12 Поям дар ҷои ҳамвор истодааст;
дар ҷамъомадҳо Худовандро муборак хоҳам хонд.
26ТАРОНАИ БИСТУ ШАШУМ
Умедворони Худованд аз душманон наметарсанд.
1 Таронаи Довуд.
Худованд нури ман ва наҷоти ман аст: аз кӣ тарсон бошам?
Худованд истеҳкоми ҷони ман аст: аз кӣ ҳаросон бошам?
2 Вақте ки бадкешон ба ман наздик шуданд, то ки гӯшти маро бихӯранд,
адуёнам ва душманонам худашон ноком шуда, афтоданд.
3 Агар дар муҳосираи душман бимонам,
дилам нахоҳад тарсид;
агар бар зидди ман корзор барпо шавад,
дар он сурат низ таваккал хоҳам кард.
4 Як чизро аз Худованд пурсидаам, ва онро хоҳам талабид,
ки тамоми айёми умри худ дар хонаи Худованд сокин бошам,
шавкати Худовандро мушоҳида намоям
ва дар қасри Ӯ назорат кунам;
5 Зеро ки маро дар рӯзи тира дар хаймаи Худ пинҳон хоҳад дошт,
дар паноҳи хиргоҳи Худ руст хоҳад кард,
бар кӯҳпора баланд хоҳад бардошт.
6 Ва алҳол сарам бар душманонам, ки гирди маро гирифтаанд, баланд хоҳад шуд,
ва дар хаймаи Ӯ қурбониҳои шодиёна хоҳам овард,
дар шаъни Худованд суруд хоҳам хонд ва Ӯро хоҳам сароид.
7 Худовандо! Маро, ки бо овози худ мехонам, бишнав,
ва ба ман марҳамат намо ва маро иҷобат бикун.
8 Дилам аз ҷониби Ту мегӯяд: «Ҷӯёи рӯи Ман бошед»;
ва ман, эй Худованд, ҷӯёи рӯи Ту хоҳам буд.
9 Рӯи Худро аз ман пинҳон надор;
бандаи Худро дар ғазабат напартой;
Ту мададгори ман будӣ;
маро рад накун ва тарк накун,
эй Худои наҷоти ман!
10 Зеро ки падару модарам маро тарк кардаанд,
вале Худованд маро пазироӣ менамояд.
11 Тариқи Худро, эй Худованд,
ба ман таълим деҳ, ва маро,
бар хилофи иродаи бадхоҳонам, ба роҳи рост андоз.
12 Маро ба дасти адуёнам насупор,
зеро ки шоҳидони козиб
ва бадхоҳон бар ман қиём кардаанд.
13 Лекин эътиқод доштам,
ки лутфи Худовандро дар замини зиндаҳо хоҳам дид.
14 Ба Худованд умедвор бош,
матин бош, ва дилат қавӣ хоҳад шуд;
ба Худованд умедвор бош.
27ТАРОНАИ БИСТУ ҲАФТУМ
Дуо дар бораи мадади Худо ва шукрона барои марҳамати Ӯ.
1 Таронаи Довуд.
Сӯи Ту, эй Худованд, мехонам.
Эй кӯҳпораи ман, аз пешам хомӯш нагузар:
мабодо аз пешам хомӯш гузарӣ,
ва ман мисли фурӯравандагони гӯр гардам.
2 Овози зориҳои маро бишнав,
вақте ки сӯи Ту истиғоса мебарам
ва дастҳои худро сӯи ҳарами муқаддаси Ту мебардорам.
3 Маро бо шарирон ва бадкирдорон маҳв накун,
ки бо ёронашон дар бораи сулҳу осоиштагӣ сухан меронанд,
вале бадӣ дар дил доранд.
4 Ба онҳо мувофиқи корҳошон, мувофиқи кирдорҳои бадашон мукофот деҳ;
мувофиқи аъмоли дастҳошон ба онҳо подош деҳ;
сазояшонро ба онҳо баргардон.
5 Азбаски ба корномаҳои Худо
ва ба аъмоли дастҳои Ӯ диққат намедиҳанд,
онҳоро хароб хоҳад кард ва бино нахоҳад намуд.
6 Худованд муборак аст,
зеро ки овози зориҳои маро шунидааст.
7 Худованд қуввати ман ва сипари ман аст;
дилам ба Ӯ таваккал намуд, ва ман мадад ёфтам,
ва дилам шод шуд,
ва Ӯро бо суруди худ ҳамд хоҳам гуфт.
8 Худованд қуввати қавми Худ
ва истеҳқоми наҷоти масеҳи Худ мебошад.
9 Қавми Худро наҷот деҳ ва мероси Худро баракат фармо;
онҳоро чӯпонӣ бикун ва барафроз то абад!
28ТАРОНАИ БИСТУ ҲАШТУМ
Кибриёи Худо дар раъду барқ аст.
1 Таронаи Довуд.
Худовандро васф гӯед, эй фарзандони Худо!
Дар шаъни Худованд васфи ҷалол ва қувватро бигӯед.
2 Дар шаъни Худованд васфи ҷалоли исми Ӯро бигӯед;
ба Худованд дар шавкати қудсият саҷда кунед.
3 Овози Худованд бар обҳост;
Худои ҷалол гулдуррос мезанад;
Худованд болои обҳои бисьёр аст.
4 Овози Худованд пурқувват аст;
овози Худованд пуршукӯҳ аст.
5 Овози Худованд арзҳоро мешиканад;
Худованд арзҳои Лубнонро мешиканад;
6 Ва онҳоро мисли гӯсолае мерақсонад;
Лубнон ва Сирюнро мисли бачаи гови ваҳшӣ.
7 Овози Худованд забонаҳои оташро чақмоқ мезанонад.
8 Овози Худованд биёбонро меларзонад;
Худованд биёбони Қодешро меларзонад.
9 Овози Худованд оҳуёнро ба дарди зоиш меандозад,
ва ҷангалҳоро бараҳна мекунад;
ва дар қасри Ӯ ҳама ҷалолро ба забон меоваранд.
10 Худованд бар тӯфон нишаста буд;
ва Худованд бар тахти подшоҳӣ хоҳад нишаст то абад.
11 Худованд қавми Худро қувват хоҳад бахшид;
Худованд ба қавми Худ дар роҳи сулҳу осоиштагӣ баракат хоҳад хост.
29ТАРОНАИ БИСТУ НӮҲУМ
Шукрона барои наҷот додани ҳаёт.
1 Таронаи Довуд; суруди тақдиси хона.
2 Туро, эй Худованд, такбир менамоям, зеро ки маро раҳо кардӣ,
ва душманонамро бар ман шодком нагардондӣ.
3 Худовандо, Худои ман!
Сӯи Ту истиғоса бурдам, ва маро шифо додӣ.
4 Худовандо! Ҷонамро аз дӯзах баровардӣ,
маро зинда кардӣ, то ки ба қабр фурӯд наоям.
5 Худовандро бисароед, эй порсоёни Ӯ,
ва зикри қудсияти Ӯро ҳамд гӯед,
6 Зеро ки ғазаби Ӯ як лаҳза аст,
ва ҳусни таваҷҷӯҳи Ӯ дар зарфи як зиндагонӣ:
бегоҳӣ гирья маскан мегирад,
валекин пагоҳӣ — шодмонӣ.
7 Ва ман дар некрӯзии худ мегуфтам:
«Ҳаргиз фурӯ нахоҳам ғалтид».
8 Худовандо! Бо ҳусни таваҷҷӯҳи Худ кӯҳи маро қувват бахшидӣ,
аммо чун рӯи Худро пинҳон кардӣ, ҳаросон шудам.
9 Сӯи Ту, эй Худованд, мехонам,
ва пеши Худованди худ зорӣ мекунам.
10 Аз хуни ман чӣ фоида, вақте ки ба гӯр фурӯд оям?
Оё хок Туро шукрона мегӯяд? Оё ростии Туро
ба забон меоварад?
11 Бишнав, эй Худованд, ва ба ман марҳамат намо.
Худовандо! Мададгори ман бош.
12 Мотамамро барои ман ба рақс мубаддал кардаӣ,
палосамро кашида, камарамро ба шодӣ бастаӣ,
13 То ки нафсам Туро бисарояд ва хомӯш нашавад.
Худовандо, Худои ман! Туро ҳамд хоҳам гуфт то абад.
30ТАРОНАИ СИЮМ
Умедворони Худованд хиҷил намешаванд.
1 Барои сардори муғанниён. Таронаи Довуд.
2 Ба Ту, эй Худованд, паноҳ бурдаам,
харгиз хиҷил нахоҳам шуд;
аз рӯи адолати Худ маро раҳоӣ деҳ.
3 Гӯши Худро сӯи ман хам намо, ба зудӣ маро халосӣ деҳ.
Барои ман кӯҳпораи қавӣ ва хонаи паноҳ бош,
то ки маро наҷот диҳӣ,
4 Зеро ки сахра ва қалъаи ман Ту ҳастӣ;
ва ба хотири исми Худ маро ҳодӣ ва роҳнамо бош.
5 Маро аз доме ки барои ман пинҳон кардаанд,
берун ор, зеро ки Ту истеҳкоми ман ҳастӣ.
6 Рӯҳи худро ба дасти Ту месупорам;
Ту, эй Худованд, эй Худои ростӣ, маро раҳоӣ додаӣ.
7 Аз пайравони бутҳои бекора нафрат дорам;
ва ман ба Худованд таваккал мекунам.
8 Ба эҳсони Ту шодӣ ва хурсандӣ мекунам,
чунки мусибати маро дидаӣ, ғуссаҳои ҷонамро донистаӣ,
9 Ва маро ба дасти душман насупурдаӣ,
пойҳоямро дар вусъатобод истонидаӣ.
10 Ба ман марҳамат намо, эй Худованд, зеро ки ба танг омадаам;
чашмам аз кулфат хаста шудааст, ҷонам ва ҷисмам низ.
11 Зеро ки ҳаётам аз андӯҳ
ва солҳоям аз оҳу фиғон адо шудааст;
аз гуноҳи ман қувватам заиф
ва устухонҳоям хушк шудааст.
12 Аз дасти ҳамаи хасмҳои худ барои ҳамсояҳоям хеле нангин
ва барои ошноҳоям воҳиманок гардидаам:
ҳар кӣ маро дар кӯча бинад, аз ман мегурезад.
13 Монанди мурда аз дилҳо фаромӯш шудаам;
мисли зарфи шикастае гардидаам,
14 Зеро ки маломати касони бисьёрро мешунавам;
дар гирду пешам даҳшат аст,
чунки онҳо бар зидди ман маслиҳатро ба як ҷо мемонанд:
ба фикри гирифтани ҷонам афтодаанд.
15 Валекин ман ба Ту, эй Худованд, таваккал мекунам;
ман мегӯям: Худои ман Ту ҳастӣ.
16 Тақдири ман дар дасти Туст;
маро аз дасти душманонам
ва таъқибкунандагонам халосӣ деҳ.
17 Рӯи Худро ба бандаи Худ мунаввар намо,
бо эҳсони Худ маро наҷот деҳ.
18 Худовандо! Ман хиҷил нахоҳам шуд, чунки Туро хондаам;
лекин шарирон хиҷил хоҳанд шуд, дар дӯзах лаб фурӯ хоҳанд баст.
19 Забонҳои дурӯғгӯй лол хоҳанд шуд,
ки бо ғурур ва тамасхур дар ҳаққи одил бадгӯӣ мекунанд.
20 Чӣ қадар фаровон аст меҳрубонии Ту,
ки барои тарсгорони Худ нигоҳ доштаӣ
ва барои паноҳбарони Худ пеши назари банӣ‐одам ба амал овардаӣ:
21 Онҳоро дар паноҳи рӯи Худ аз дасисаҳои мардум пинҳон медорӣ;
онҳоро аз муноқишаи забонҳо дар хайма руст мекунӣ.
22 Муборак аст Худованд,
ки эҳсони аҷоиби Худро дар шаҳри муҳосирашуда ба ман зоҳир кард!
23 Валекин ман дар маъюсии худ гуфтам,
ки аз назари Ту рад шудаам;
аммо, вақте ки сӯи Ту истиғоса бурдам,
овози зориҳоямро шунидӣ.
24 Худовандро дӯст доред, эй ҳамаи порсоёни Ӯ!
Аминонро Худованд ҳифз менамояд,
ва мағруронро сазои барзиёд медиҳад.
25 Матин бошед, ва дилатон қавӣ хоҳад шуд,
эй ҳамаи умедворони Худованд!
31ТАРОНАИ СИЮ ЯКУМ
Хушбахтии гуноҳкоре ки тавба кардааст ва омурзида шудааст.
1 Суруди таълимии Довуд.
Хушо касе ки ҷиноятҳояш омурзида ва хатоҳояш пӯшида шудааст.
2 Хушо касе ки Худованд гуноҳи варо ба ҳисоб намеоварад,
ва дар рӯҳи вай ҳилагарӣ нест.
3 Вақте ки хомӯш будам,
устухонҳоям аз фиғони ҳаррӯзаи ман мепӯсид,
4 Зеро ки рӯзу шаб дасти Ту бар ман фишор меовард;
илики ман ба хушкии тобистон мубаддал шудааст. Село.
5 Хатоямро ба Ту маълум кардаам,
ва гуноҳамро пинҳон надоштаам; гуфтам:
«Ба ҷиноятҳоям пеши Худованд иқрор мешавам»,
ва Ту айби хатоямро афв кардаӣ. Село.
6 Бинобар ин ҳар порсо дар вақти иҷобат пеши Ту дуо хоҳад гуфт,
ва дар он сурат ҷараёни обҳои бисьёр ба вай нахоҳад расид.
7 Ту паноҳгоҳи ман ҳастӣ, маро аз тангӣ ҳифз мекунӣ,
маро бо таронаҳои халосӣ иҳота менамоӣ. Село.
8 «Ман туро таълим хоҳам дод ва ба роҳе ки бояд биравӣ, ҳидоят хоҳам кард:
туро насиҳат хоҳам дод; чашмам бар туст.
9 Мисли асп, мисли хачир бефаҳм набошед,
ки онҳоро сӯлуқ ва ҷилав мезананд,
ки ин зинат барои нигоҳ доштани онҳост,
вагар на наздики ту нахоҳанд омад».
10 Шарир ғаму ғуссаи зиёде дорад,
аммо касе ки ба Худованд таваккал менамояд,
эҳсон ӯро иҳота хоҳад кард.
11 Дар Худованд шодӣ ва хурсандӣ кунед, эй одилон!
Ва тараннум намоед, эй ҳамаи ростдилон!
32ТАРОНАИ СИЮ ДУЮМ
Мадҳ дар шаъни Худои Қодир.
1 Дар Худованд, эй одилон, тараннум намоед:
ҳамду сано гуфтан росткоронро мезебад.
2 Худовандро бо барбат ҳамд гӯед,
бо уди даҳтор Ӯро бисароед;
3 Суруди наве дар шаъни Ӯ бихонед;
бо бонги шодӣ некӯ бинавозед;
4 Зеро ки каломи Худованд дуруст аст,
ва тамоми аъмоли Ӯ ҳақ асту рост.
5 Ӯ адл ва инсофро дӯст медорад;
ҷаҳон аз эҳсони Худованд пур аст.
6 Бо каломи Худованд осмонҳо офарида шудааст,
ва бо дами даҳони Ӯ ҳамаи лашкарҳои онҳо.
7 Ӯ обҳои баҳрро мисли машке ҷамъ кардааст,
вартаҳоро дар хазоин гузоштааст.
8 Бигзор тамоми аҳли замин аз Худо тарсон бошанд;
ҳамаи сокинони дуньё аз Ӯ ҳаросон шаванд,
9 Зеро ки Ӯ гуфт, ва иҷро шуд;
Ӯ амр кард, ва қоим гардид.
10 Худованд машварати халқҳоро ботил мекунад,
ба андешаҳои қавмҳо монеъ мешавад.
11 Машварати Худованд қоим аст то абад,
андешаҳои дили Ӯ то абадуддаҳр.
12 Хушо халқе ки Худованд Худои вай аст,
ва қавме ки Ӯ варо барои мероси Худ баргузидааст.
13 Аз осмон Худованд нигоҳ мекунад,
тамоми банӣ‐одамро мебинад;
14 Аз нишемангоҳи Худ
ба ҳамаи сокинони замин назар меандозад;
15 Дилҳои онҳоро танҳо Худаш ба вуҷуд овардааст,
ва тамоми аъмолашонро мефаҳмад.
16 Подшоҳ бо сипоҳи бузург наҷот нахоҳад ёфт;
паҳлавон бо қуввати бузург халос нахоҳад шуд.
17 Асп барои наҷот беэътимод аст,
ва бо қуввати бузургаш халосӣ нахоҳад дод.
18 Инак, чашми Худованд бар тарсгорони Ӯст,
бар онҳоест, ки ба эҳсони Ӯ умедворанд,
19 То ки ҷони онҳоро аз мурдан халос кунад,
ва дар вақти қаҳтӣ онҳоро зинда мононад.
20 Ҷони мо ба Худованд умедвор аст:
Ӯ мададгор ва сипари мост;
21 Дили мо дар Ӯ шодӣ мекунад,
зеро ки ба исми қуддуси ӯ мо таваккал менамоем.
22 Эҳсони Ту, эй Худованд, бар мо бод,
чунон ки мо ба Ту умед бастаем.
33ТАРОНАИ СИЮ СЕЮМ
Худованд ҳалимонро наҷот медиҳад ва бадкешонро маҳв мекунад.
1 Таронаи Довуд, вақте ки ӯ хулқи худро назди Абималик дигаргун сохт, ва аз пеши вай бадар ронда шуд, ва баромада рафт.
2 Худовандро дар ҳар вақт муборак хоҳам хонд;
доимо ҳамду санои Ӯ бар забони ман аст.
3 Ҷонам бо Худованд фахр мекунад;
ҳалимон шунида, шод хоҳанд шуд.
4 Худовандро бо ман такбир гӯед;
ва исми Ӯро якҷоя болобардор кунем.
5 Худовандро талабидам, ва маро иҷобат намуд,
ва аз ҳамаи бимҳоям маро халосӣ дод.
6 Сӯи Ӯ нигоҳ карданд ва мунаввар гардиданд,
ва чеҳраҳошон хиҷил нашуд.
7 Ин мискин бихонд, ва Худованд шунид,
ва ӯро аз ҳамаи тангиҳояш наҷот дод.
8 Фариштаи Худованд дар гирду пеши тарсгорони Ӯ ҳозир аст ва онҳоро халосӣ медиҳад.
9 Бичашед ва хоҳед дид, ки Худованд некӯст!
Хушо марде ки ба Ӯ паноҳ мебарад!
10 Аз Худованд тарсед, эй муқаддасони Ӯ,
зеро ки тарсгорони Ӯро ҳеҷ камӣ нест.
11 Шерони ҷавон бенаво шудаанд ва гуруснагӣ мекашанд,
аммо толибони Худовандро аз ҳеҷ чизи хуб камӣ нахоҳад буд.
12 Биёед, эй фарзандон, маро бишнавед:
тарси Худовандро ба шумо таълим хоҳам дод.
13 Кист он шахсе ки ҳаётро хоҳон аст,
ва айёмро дӯст медорад, то ки некӯӣ бубинад?
14 Забонатро аз бадӣ нигоҳ дор,
ва лабҳоятро аз гуфтори макромез.
15 Аз бадӣ дур шав ва некӣ бикун;
талабгори осоиштагӣ шав ва дар паи он бош.
16 Чашмони Худованд бар одилон аст,
ва гӯшҳои Ӯ сӯи истиғосаи онҳо.
17 Хашми Худованд ба муқобили бадкорон аст,
то ки зикри онҳоро аз замин маҳв намояд.
18 Вақте ки одилон фарьёд мекашанд,
Худованд онҳоро шунида, аз ҳамаи тангиҳошон халосӣ медиҳад.
19 Худованд ба дилшикастагон наздик аст,
ва рӯҳафтодагонро наҷот хоҳад дод.
20 Мусибатҳои одил бисьёр аст,
валекин аз ҳамаи онҳо Худованд ӯро халосӣ медиҳад;
21 Ҳамаи устухонҳои ӯро нигоҳ медорад;
ҳеҷ яке аз онҳо шикаста нахоҳад шуд.
22 Шарирро бадӣ хоҳад кушт,
ва бадхоҳони одил маҳкум хоҳанд шуд.
23 Худованд ҷони бандагони Худро раҳо хоҳад кард,
ва ҳеҷ кас аз паноҳбарони Ӯ маҳкум нахоҳад шуд.
34ТАРОНАИ СИЮ ЧОРУМ
Дуо дар бораи наҷот додан аз душманони шарир.
1 Таронаи Довуд.
Ба мухолифонам, эй Худованд,
мухолифат намо, ба ҷангҷӯёнам ҷанг кун;
2 Сипар ва ҷавшан бигир,
ва ба мадади ман бархез;
3 Ва найзаро бикаш ва пеши роҳи таъқибкунандагони маро бигир;
ба ҷонам бигӯй: «Ман наҷоти ту ҳастам!»
4 Бигзор толибони ҷонам хиҷил ва расво шаванд;
бадандешонам қафо гарданд ва шарманда шаванд;
5 Мисли коҳрезае пеши бод бошанд,
ва фариштаи Худованд онҳоро биронад;
6 Роҳашон торик ва лағжонак бошад,
ва фариштаи Худованд онҳоро таъқиб намояд,
7 Зеро ки бе сабабе барои ман доми худро дар ҳафра пинҳон кардаанд;
онро бе сабаб барои ҷонам кандаанд.
8 Бигзор бар ӯ таҳлукаи ногаҳоние биёяд,
ва доме ки пинҳон кардааст, худи ӯро бигирад;
дар торикӣ дар он фурӯ ғалтад.
9 Валекин ҷонам дар Худованд хурсандӣ хоҳад кард;
дар наҷоти Ӯ шод хоҳам шуд.
10 Хамаи устухонҳоям мегӯяд: Худовандо!
Кист монанди Ту, ки камбағалро аз каси пурзӯртар аз вай халос мекунӣ,
ва камбағалу мискинро аз ғораткунандаи вай!
11 Шоҳидони бадкин бархостаанд:
он чи намедонам, аз ман мепурсанд;
12 Ба ивази некӣ ба ман бадӣ мекунанд,
ҷонамро гирифтори бекасӣ мегардонанд.
13 Валекин ман дар бемории онҳо палос мепӯшидам,
ҷонамро бо рӯзадорӣ азоб медодам,
аммо бигзор дуоям ба оғӯшам баргардад.
14 Мисли он ки дӯстам ё бародарам бошад,
рафтор мекардам;
мисли он ки барои модарам мотам гирифта бошам,
ғамгин ва сархам будам.
15 Валекин вақте ки меафтодам, шодӣ мекарданд ва ҷамъ мешуданд;
нокасоне бар зидди ман ҷамъ мешуданд,
ки намешинохтам; маро дашном медоданд, ва бас намекарданд;
16 Бо масхарабозони риёкор дар ҳаққи ман
дандонҳои худро ғиҷиррос мезанонданд.
17 Худовандо! То ба кай нигоҳ хоҳӣ кард?
Ҷонамро аз ситамҳои онҳо,
ягонаамро аз шерони ҷавон халос кун.
18 Туро дар ҷамоати бузург ҳамд хоҳам гуфт,
дар миёни қавми азим Туро мадҳ хоҳам кард,
19 То онҳое ки ноҳақ ба ман адоват доранд,
бар ман шодкомӣ наёбанд,
онҳое ки бесабаб аз ман нафрат доранд,
ба ҳамдигар чашмакӣ назананд;
20 Зеро ки на дар бораи сулҳу осоиштагӣ сухан меронанд,
балки дар ҳаққи сулҳҷӯёни замин бӯҳтонҳои макромез мебофанд;
21 Ва даҳони худро ба ман воз карда, мегӯянд:
«Ҳай‐ҳай, чашми мо дид!»
22 Инҳоро Ту, эй Худованд, дидаӣ, хомӯш набош.
Худовандо! Аз ман дур набош.
23 Барои мурофиаи ман, барои даъвои ман аз хоб хез
ва бедор шав, эй Худои ман ва Худованди ман!
24 Маро аз рӯи адолати Худ дар доварӣ ҳимоят намо,
эй Худованд Худои ман, то ки бар ман шодкомӣ наёбанд,
25 Ва дар дили худ нагӯянд:
«Ҳай‐ҳай, ҷони мо ҳузур кард!»
Ва нагӯянд: «Ӯро фурӯ бурдем».
26 Бигзор онҳое ки дар мусибати ман шодӣ мекунанд,
якҷоя шарманда ва расво шаванд,
онҳое ки бар ман такаббур менамоянд,
пероҳани хиҷолат дар бар кунанд.
27 Бигзор онҳое ки хоҳишманди ҳаққонияти мананд,
шод ва хурсанд шаванд ва доимо гӯянд:
«Афзун бод кибриёи Худованд, ки саломатии бандаи Худро хоҳон аст!»
28 Ва забонам адолати Туро
ва ҳамду санои Туро ҳар рӯз баён хоҳад кард.
35ТАРОНАИ СИЮ ПАНҶУМ
Мадҳ дар шаъни марҳамати Худо.
1 Барои сардори муғанниён. Таронаи бандаи Худованд Довуд.
2 Маъсияти шарир андаруни дилам мегӯяд:
«Тарси Худо дар пеши чашми вай нест»;
3 Зеро ки вай ба худаш дар назари худ тамаллуқ мегӯяд
ва барои худ гуноҳе пайдо мекунад,
то ки пур аз адоват гардад;
4 Суханони забонаш талбис ва макр аст;
аз рафтори оқилона ва некӯкорӣ даст кашидааст;
5 Дар ҷогаҳи худ талбис мебофад,
роҳи нодурустро пеш гирифтааст, аз бадӣ нафрат намекунад.
6 Худовандо! Эҳсони Ту то осмонҳост,
садоқати Ту то афлок аст!
7 Адолати Ту мисли кӯҳҳои муаззам аст,
довариҳои Ту вартаи бузург аст!
Одамизод ва ҳайвонро Ту наҷот медиҳӣ, эй Худованд!
8 Чӣ арҷманд аст эҳсони Ту, эй Худо!
Банӣ‐одам дар сояи болҳои Ту паноҳ меёбанд;
9 Аз равғани хонаи Ту сер мешаванд,
ва аз наҳри шарбатҳои Худ онҳоро менӯшонӣ,
10 Зеро ки чашмаи ҳаёт бо Туст;
дар нури Ту нурро мебинем.
11 Эҳсони Худро барои орифони Худ давом деҳ,
ва адолати Худро барои ростдилон.
12 Бигзор пои ғурур бар ман наояд,
ва дасти шарирон маро бадар наронад.
13 Дар он ҷо бадкирдорон афтодаанд,
сарнагун шудаанд ва хеста наметавонанд.
36ТАРОНАИ СИЮ ШАШУМ
Умедворони Худованд ва ҳалимон вориси замин хоҳанд буд, вале шарирон ва бадкешон маҳв хоҳанд шуд.
1 Таронаи Довуд.
Ба бадкешон рашк накун, аз ноинсофон ҳасад набар,
2 Зеро ки онҳо мисли алаф ба зудӣ даравида хоҳанд шуд,
ва мисли сабза пажмурда хоҳанд шуд.
3 Ба Худованд таваккал намо ва некӣ бикун;
дар замин сокин бош ва ростиро ҳифз намо.
4 Ва дар Худованд тасаллӣ хоҳӣ ёфт,
ва Ӯ муроди дилатро ба ту ато хоҳад кард.
5 Роҳи худро ба Худованд бисупор,
ва ба Ӯ таваккал намо, ва Ӯ ба ҷо хоҳад овард,
6 Ва адолати туро мисли нур,
ва инсофи туро мисли нимрӯз ба зуҳур хоҳад овард.
7 Пеши Худованд сокит бош ва ба Ӯ умед банд.
Ба касе ки роҳаш барор ёфтааст,
ба шахси дасисакор рашк накун.
8 Аз хашм даст бикаш, ва ғазабро тарк намо;
рашк накун, ки ин боиси бадкорӣ хоҳад шуд,
9 Зеро ки бадкешон маҳв хоҳанд шуд,
валекин умедворони Худованд вориси замин хоҳанд буд.
10 Боз андак сабр кун, ва шарир боқӣ нахоҳад монд;
ба маконаш назар хоҳӣ андохт, ва ӯ нахоҳад буд.
11 Аммо ҳалимон вориси замин хоҳанд буд,
ва аз осудагии бисьёр лаззат хоҳанд бурд.
12 Шарир ба одил қасди бад мекунад,
ва дандонҳои худро бар ӯ ғиҷиррос мезанонад;
13 Аммо Худованд ба ҳоли вай механдад,
зеро мебинад, ки рӯзи вай меояд.
14 Шарирон шамшер бараҳна мекунанд ва камони худро мекашанд,
то ки камбағал ва мискинро ғалтонанд ва ростравонро қатл кунанд.
15 Шамшери онҳо ба дили худашон фурӯ хоҳад рафт,
ва камонҳои онҳо хоҳад шикаст.
16 Чизи ками одил
беҳ аз сарвати шарирони бисьёр,
17 Зеро ки бозувони шарирон хоҳад шикаст,
вале одилонро Худованд тақвият медиҳад.
18 Худованд рӯзҳои беайбонро медонад,
ва мероси онҳо то абад хоҳад буд.
19 Дар вақти мусибат хиҷил нахоҳанд шуд,
ва дар айёми қаҳтӣ сер хоҳанд буд,
20 Аммо шарирон нест хоҳанд шуд,
ва душманони Худованд мисли шукӯҳи марғзорҳо фано хоҳанд шуд,
мисли дуд фано хоҳанд шуд.
21 Шарир қарз мегирад ва адо намекунад,
вале одил эҳсон мекунад ва медиҳад;
22 Зеро онҳое ки Ӯ муборак хондааст, вориси замин хоҳанд буд,
вале онҳое ки Ӯ малъун хондааст, маҳв хоҳанд шуд.
23 Худованд қадамҳои мардро барқарор мекунад,
ва ба роҳи вай таваҷҷӯҳ менамояд,
24 Ба тавре ки вай афтад ҳам, сахт афканда намешавад,
зеро ки Худованд дасташро мегирад.
25 Ҷавон будам ва ҳоло пир шудаам,
ва одилеро надидаам, ки партофта шуда бошад,
ва наслаш нон мепурсида бошанд:
26 Вай ҳар рӯз мебахшад ва қарз медиҳад,
ва насли вай баракат хоҳанд ёфт.
27 Аз бадӣ дур шав ва некӣ бикун,
ва то абад сукунат хоҳӣ кард,
28 Зеро ки Худованд инсофро дӯст медорад,
ва порсоёни Худро тарк нахоҳад кард;
онҳо то абад маҳфуз хоҳанд буд;
ва насли шарирон маҳв хоҳанд шуд.
29 Одилон вориси замин хоҳанд буд,
ва дар он то абад сукунат хоҳанд кард.
30 Даҳони одил ҳикматро баён мекунад,
ва забони ӯ инсофро ифода менамояд.
31 Шариати Худои ӯ дар дили ӯст;
қадамҳояш суст нахоҳад шуд.
32 Шарир одилро поида мегардад,
ва дар паи куштани ӯст;
33 Лекин Худованд ӯро ба дасти вай намесупорад,
ва чун кораш ба мурофиа оид шавад,
намегузорад, ки ӯро айбдор кунанд.
34 Ба Худованд умед банд ва тариқи Ӯро риоя намо;
ва Ӯ туро баланд хоҳад кард, то ки вориси замин гардӣ;
ҳангоми маҳв шудани шарирон инро хоҳӣ дид.
35 Шарири ситамгареро дидаам,
ки мисли дарахти сершохаи сабзу хуррам дар як ҷо чуқур реша давонда буд;
36 Ва ӯ гузашта рафт, ва инак нест шудааст;
ва ӯро ҷустуҷӯ кардам, ва ёфт нашуд.
37 Ба беайб назар андоз ва росткорро бубин,
зеро ки оянда ба шахси сулҳҷӯ тааллуқ дорад,
38 Ва ҷинояткорон аз як сар маҳв хоҳанд шуд;
фарҷоми шарирон нест шудан аст.
39 Наҷоти одилон аз Худованд аст;
дар вақти тангӣ Ӯ истеҳкоми онҳост;
40 Ва Худованд ба онҳо мадад хоҳад кард ва онҳоро халосӣ хоҳад дод;
онҳоро аз шарирон халосӣ хоҳад дод, ва онҳоро наҷот хоҳад бахшид,
зеро ки онҳо ба Ӯ паноҳ мебаранд.
37ТАРОНАИ СИЮ ҲАФТУМ
Суруди тавбаи беморони сахт.
1 Таронаи Довуд. Барои ёдоварӣ.
2 Худовандо! Дар ғазаби Худ маро мазаммат накун,
ва дар хашми Худ маро ҷазо надеҳ,
3 Зеро ки тирҳои Ту дар ман фурӯ рафтааст,
ва дасти Ту бар ман фурӯд омадааст.
4 Дар ҷисмам аз ғазаби Ту ҷои сиҳате нест;
дар устухонҳоям аз хатои худам саломатӣ нест,
5 Зеро ки гуноҳҳоям аз сарам гузаштааст,
мисли бори гароне аз бардоштам вазнинтар аст;
6 Аз боиси беақлии ман ҷароҳатҳоям бадбӯй шудааст,
фасод кардааст.
7 Бисьёр хамидақомат ва сархам шудаам,
тамоми рӯз тирарӯ шуда мегардам;
8 Зеро ки суринҳоям пур аз варам аст,
ва дар ҷисмам ҷои сиҳате нест.
9 Бағоят бемадор ва шалпар шудаам;
аз дарди дили худ наъра мезанам.
10 Худовандо! Тамоми орзуям пеши назари Туст,
ва оҳу фиғонам аз Ту пӯшида нест.
11 Дилам метапад; қувватам аз ман рафтааст,
ва нури чашмонам низ бо ман нест.
12 Дӯстонам ва ёронам аз офати ман канор шудаанд,
ва хешовандонам дур истодаанд.
13 Ва толибони ҷонам бар ман дом мегузоранд,
ва бадхоҳонам суханони фитнаангез мегӯянд
ва ҳар рӯз макрҳо меандешанд.
14 Валекин ман мисли кар намешунавам,
ва мисли гунге ҳастам, ки даҳонашро намекушояд;
15 Ва монанди шахсе гардидаам, ки намешунавад,
ва дар забонаш далеле нест.
16 Аммо ба Ту, эй Худованд, умед бастаам;
Ту иҷобат намо, эй Худованд Худои ман.
17 Зеро ки гуфтаам: «Мабодо бар ман шодкомӣ ёбанд ва,
агар пешпо хӯрам, бар ман такаббур кунанд».
18 Зеро ки ман ба афтодан наздик шудаам,
ва дардам ҳамеша дар рӯ ба рӯи ман аст.
19 Зеро ки ба гуноҳи худ иқрорам,
аз хатои худ ғамгинам.
20 Валекин душманонам зинда ва пурзӯранд,
ва онҳое ки ноҳақ бадхоҳи мананд, бисьёранд;
21 Ва онҳое ки ба ивази некӣ бадӣ мекунанд,
барои он ба ман адоват доранд,
ки некиро пайравӣ менамоям.
22 Маро тарк накун, эй Худованд Худои ман!
Аз ман дур набош;
23 Ба мадади ман шитоб кун, эй Худованд, эй наҷоти ман!
38ТАРОНАИ СИЮ ҲАШТУМ
Сукути ҳалимона сабаби тавбаи гуноҳкор мешавад.
1 Барои сардори муғанниён, Едутун. Таронаи Довуд.
2 Гуфтам: «Роҳҳои худро эҳтиёт хоҳам кард,
то ки бо забонам хатое накунам;
ба даҳонам тумшуқбанд хоҳам зад,
то даме ки шарир дар рӯ ба рӯи ман аст».
3 Ман гунг ва хомӯш будам,
аз некӣ низ лаб фурӯ бастам, ва дардам бадтар шуд.
4 Дилам андарунам аланга зад,
дар фикрам оташ даргирифт,
бо забони худ сухан гуфтам:
5 «Аҷаламро, эй Худованд, ба ман маълум кун,
ва миқдори рӯзҳоямро, ки чист,
то донам, ки кай фано мешавам.
6 Инак, рӯзҳои маро ба қадри ваҷабе додаӣ,
ва умрам дар назари Ту ҳеҷ аст.
Ба яқин ҳар одамӣ, ки мутакаббирона меистад, чизи бекор аст». Село.
7 Ба яқин одамизод мисли шабаҳе мегардад:
бекора шӯру ғавғо менамояд,
захира мекунад ва намедонад, ки он насиби кӣ мешавад.
8 Ва акнун, эй Худованд, ман чиро умедвор бошам?
Умеди ман бар Туст.
9 Аз ҳамаи ҷиноятҳоям маро раҳоӣ деҳ,
пеши нобакорон маро хиҷил накун.
10 Ман гунг шудаам, даҳонамро намекушоям;
зеро ки Ту инро кардаӣ.
11 Офати Худро аз ман дур кун;
аз зарбаи дасти Ту ман нобуд мешавам.
12 Агар одамизодро мувофиқи далелҳои гуноҳи вай ҷазо диҳӣ, зебоии вай,
мисли он ки куя зада бошад, хароб хоҳад шуд.
Ба яқин ҳар одамӣ чизи бекор аст! Село.
13 Дуои маро бишнав, эй Худованд, ва ба истиғосаи ман гӯш андоз;
бар ашкҳоям сокит набош, зеро ки ман назди Ту ғарибам ва мисли ҳамаи падаронам муҳоҷирам.
14 Ғазаби Худро аз ман бигардон, то каме кушодарӯй гардам,
пеш аз он ки биравам, ва дигар нахоҳам буд.
39ТАРОНАИ СИЮ НӮҲУМ
Умедворони Худованд ҳамеша аз ҷониби Ӯ наҷот меёбанд.
1 Барои сардори муғанниён. Таронаи Довуд.
2 Ба Худованд бисьёр умед бастам,
ва Ӯ сӯи ман рӯ овард, ва истиғосаи маро шунид;
3 Ва маро аз чоҳи ҳалокат, аз ботлоқи пурлой берун овард,
ва пойҳоямро бар сахрае гузошт, қадамҳоямро мустаҳкам гардонд.
4 Ва суруди наве дар даҳонам гузошт, —
ҳамду санои Худои моро. Бисьёр касон инро дида,
тарсон хоҳанд шуд, ва ба Худованд таваккал хоҳанд кард.
5 Хушо марде ки ба Худованд таваккал мекунад,
ва ба мутакаббирон ва пайравони кизб рӯ намеоварад!
6 Корҳои зиёде Ту кардаӣ, эй Худованд Худои ман!
Корҳои аҷоиб ва андешаҳоеро, ки Ту дар ҳаққи мо зоҳир намудаӣ, — кист, ки монанди Ту бошад! —
мавъиза ва нақл хоҳам кард, аммо шумораи онҳо бениҳоят бисьёр аст.
7 Қурбонӣ ва ҳадияро Ту нахостӣ;
гӯшҳои маро воз кардӣ;
қурбонии сӯхтанӣ ва қурбонии хаторо талаб накардӣ.
8 Он гоҳ гуфтам: инак меоям;
дар тӯмори китоб дар бораи ман навишта шудааст:
9 Иродаи Туро, эй Худои ман, ба ҷо овардан мехоҳам,
ва шариати Ту андаруни дили ман аст.
10 Дар ҷамоати бузург аз адолат башорат додаам;
инак, лабҳои худро нахоҳам баст:
Худовандо, Ту медонӣ.
11 Адолати Туро андаруни дилам махфӣ надоштаам,
вафо ва наҷоти Туро баён кардаам,
эҳсон ва ростии Туро аз ҷамоати бузург пинҳон надоштаам.
12 Ту, эй Худованд, марҳаматҳои Худро аз ман боз надор;
бигзор эҳсон ва ростии Ту ҳамеша маро нигаҳбонӣ кунад.
13 Зеро ки мусибатҳои бешумор маро иҳота намудааст; гуноҳҳоям маро мубтало кардааст,
ба тавре ки қобили дидан нестам:
онҳо аз мӯи сарам бисьёр аст, ва дилам маро тарк кардааст.
14 Худовандо! Таваҷҷӯҳ намуда, маро халосӣ деҳ;
Худовандо! Ба мадади ман шитоб кун.
15 Бигзор онҳое ки толиби ҷони мананд,
то онро ба ҳалокат расонанд,
аз як сар хиҷил ва шарманда шаванд;
бадхоҳонам қафо гарданд ва расво шаванд;
16 Онҳое ки ба ман «ҳай‐ҳай!» мегӯянд,
ба сабаби шармандагии худ ҳайрон шаванд;
17 Ҳамаи толибони Ту дар Ту шодӣ ва хурсандӣ кунанд,
ва дӯстдорони наҷоти Ту доимо гӯянд:
«Афзун бод кибриёи Худованд!»
18 Валекин ман камбағал ва мискин ҳастам,
ва Худованд ба ман ғамхорӣ мекунад;
мададгор ва раҳокунандаи ман Ту ҳастӣ.
Эй Худои ман! Таъхир накун.
40ТАРОНАИ ЧИЛУМ
Хушо касе ки ба бенавоён марҳамат менамояд.
1 Барои сардори муғанниён. Таронаи Довуд.
2 Хушо касе ки ба бенаво эътибор медиҳад!
Дар рӯзи мусибат Худованд ӯро раҳо хоҳад кард.
3 Худованд ӯро нигаҳбонӣ хоҳад кард ва зинда хоҳад мононд, ва ӯ дар замин хушбахт хоҳад буд.
Ва Ту ӯро ба дасти душманонаш нахоҳӣ супурд.
4 Худованд ӯро бар бистари беморӣ ёварӣ хоҳад кард.
Тамоми вақти хобидани ӯ Ту дар бемории ӯ нигоҳубин хоҳӣ кард.
5 Ман гуфтам: «Худовандо! Ба ман марҳамат намо;
ҷонамро шифо деҳ, зеро ки пеши Ту хато кардаам».
6 Душманонам дар ҳаққи ман суханони бад мегӯянд:
«Ӯ кай мемирад, то ки номаш гум шавад?»
7 Ва агар касе ба иёдати ман биёяд, сухани дурӯғ мегӯяд;
дили вай дар худ ғайбат ҷамъ мекунад,
ва хамин ки берун рафт, ба гапу калоча шурӯъ менамояд.
8 Ҳамаи бадхоҳонам бо ҳамдигар дар ҳаққи ман пичир‐пичир мекунанд,
бар зидди ман бадӣ меандешанд:
9 «Қабоҳате ба сари ӯ омадааст,
ва акнун, ки ӯ хобидааст, дигар нахоҳад бархост».
10 Ҳатто касе ки бо ман дӯст буд, ва аз ӯ дилпур будам,
ва ӯ нони маро мехӯрд,
пошнаи худро бар ман баланд кардааст.
11 Валекин Ту, эй Худованд, ба ман марҳамат намо,
маро ба по бархезон, то ки онҳоро сазо диҳам.
12 Аз ин хоҳам донист, ки Ту ба ман таваҷҷӯҳ менамоӣ,
зеро ки душманам бар ман тантана намекунад.
13 Ва маро, ба сабаби беайбии ман, дастгирӣ хоҳӣ кард,
ва ба хузури Худ то абад қоим хоҳӣ дошт.
14 Муборак аст Худованд Худои Исроил аз азал то абад!
Омин ва омин!
41ТАРОНАИ ЧИЛУ ЯКУМ
Дуо дар бораи наҷот додани шахсе ки ба кишвари бегона ронда шудааст.
1 Барои сардори муғанниён. Суруди таълимии банӣ‐Қӯраҳ.
2 Чунон ки оҳу иштиёқманди маҷроҳои об аст,
ончунон ҷонам иштиёқманди Туст, эй Худо!
3 Ҷонам ташнаи Худост, ташнаи Худои Ҳай:
кай омада, пеши Худо ҳозир мешавам?
4 Ашкҳоям рӯзу шаб нони ман буд,
вақте ки ҳар рӯз ба ман мегуфтанд: «Худои ту куҷост?»
5 Инро ба хотир оварда, ҷонам андаруни ман ба ҳаяҷон меояд: ҳангоме ки бо ҷамоате гузар доштам,
онҳоро оҳиста‐оҳиста сӯи хонаи Худо мебурдам,
бо овози тараннум ва шукронаи оммае ки ид мекард.
6 Чаро, эй ҷонам, маъюс шудаӣ ва андаруни ман ошуфтаҳол ҳастӣ?
Ба Худо умедвор бош, зеро боз ба гуфтани ҳамди Ӯ муваффақ хоҳам шуд,
барои наҷоте ки аз Ӯ хоҳам ёфт.
7 Эй Худои ман! Ҷонам андарунам маъюс шудааст,
бинобар ин Туро аз замини Урдун ва аз Ҳермӯн,
аз кӯҳи Мисъар ёд мекунам.
8 Варта вартаро бо овози шаршараҳои Ту даъват менамояд;
ҳамаи туғьёнҳо ва мавҷҳои Ту бар ман гузаштааст.
9 Рӯзона Худованд эҳсони Худро зоҳир хоҳад кард,
ва шабона суруди Ӯ бо ман хоҳад буд,
ки дуоест пеши Худои ҳаёти ман.
10 Ба Худое ки сахраи ман аст, мегӯям:
Чаро маро фаромӯш кардаӣ?
Чаро аз фишори душман малӯл шуда мегардам?
11 Хасмҳоям бо дашномҳои худ устухонҳои маро зарбаи марговар мезананд,
вақте ки ҳар рӯз ба ман мегӯянд: «Худои ту куҷост?»
12 Чаро, эй ҷонам, маъюс шудаӣ ва андаруни ман ошуфтаҳол ҳастӣ? Ба Худо умедвор бош,
зеро боз ба гуфтани ҳамди Ӯ муваффақ хоҳам шуд,
ки Ӯ наҷоти рӯи ман ва Худои ман аст.
42ТАРОНАИ ЧИЛУ ДУЮМ
Дуо дар бораи халосӣ додан аз шахсони ноинсоф ва маккор.
1 Маро, эй Худо, дар доварӣ ҳимоят намо,
ва доди маро аз мардуми бераҳм бигир;
аз шахси маккор ва ноинсоф маро раҳоӣ деҳ,
2 Зеро ки Ту Худои истеҳкоми ман ҳастӣ.
Чаро маро партофтаӣ?
Чаро аз фишори душман малӯл шуда мегардам?
3 Нур ва ростии Худро бифрист,
то ки маро ҳидоят намоянд,
маро ба кӯҳӣ муқаддаси Ту ва ба масканҳои Ту биёранд.
4 Ва назди қурбонгоҳи Худо хоҳам омад,
назди Худое ки шодӣ ва хурсандии ман аст,
ва Туро, эй Худо, Худои ман, бо барбат ҳамд хоҳам гуфт!
5 Чаро, эй ҷонам, маъюс шудаӣ ва андаруни ман ошуфтаҳол ҳастӣ?
Ба Худо умедвор бош, зеро боз ба гуфтани ҳамди Ӯ муваффақ хоҳӣ шуд,
ки Ӯ наҷоти рӯи ман ва Худои ман аст.
43ТАРОНАИ ЧИЛУ СЕЮМ
Бе мадади Худо ғалаба ба даст намеояд.
1 Барои сардори муғанниён. Суруди таълимии банӣ‐Қӯраҳ.
2 Худоё, бо гӯшҳои худ шунидаем,
ва падарони мо ба мо ҳикоят кардаанд дар бораи корномае ки дар айёми онҳо,
дар айёми қадим ба амал овардаӣ.
3 Ту бо дасти Худ халқҳоро бадар рондаӣ, вале онҳоро нишондаӣ;
қабилаҳоро шикаст додаӣ, вале онҳоро паҳн кардаӣ;
4 Зеро ки онҳо бо шамшери худ заминро мусаххар накардаанд,
ва онҳоро бозуи онҳо наҷот надодааст,
балки ямини Ту ва бозуи Ту ва нури рӯи Ту,
зеро ки ҳусни таваҷҷӯҳи Ту бар онҳо буд.
5 Ту подшоҳи ман ҳастӣ, эй Худо!
Бар наҷоти Яъқуб амр фармо.
6 Бо мадади Ту адуёни худро шох хоҳем зад;
бо исми Ту мухолифони худро поймол хоҳем кард;
7 Зеро ки ба камони худ таваккал нахоҳам кард,
ва шамшерам маро наҷот нахохад дод;
8 Балки Ту моро аз адуёни мо наҷот додаӣ,
ва бадхоҳони моро хиҷил кардаӣ.
9 Ҳар рӯз бо Худо фахр менамоем,
ва исми Туро то абад ҳамд хоҳем гуфт. Село.
10 Аммо алҳол Ту моро партофтаӣ ва расво кардаӣ,
ва бо лашкарҳои мо берун намеоӣ;
11 Моро пеши душман ақиб гардондаӣ,
ва бадхоҳони мо барои худ тороҷ мекунанд.
12 Моро мисли гӯсфандон барои хӯрдан супурдаӣ,
ва дар миёни халқҳо моро пароканда кардаӣ;
13 Қавми Худро ба баҳои ночизе фурӯхтаӣ,
ва нархашонро зиёд накардаӣ.
14 Моро назди ҳамсоягони мо нангин кардаӣ, хандахариш ва ҳақир назди онҳое ки дар гирду пеши моянд.
15 Моро вирди забон дар миёни халқҳо,
ҳадафи сарҷунбонӣ дар миёни қабилаҳо гардондаӣ.
16 Ҳар рӯз расвоии ман пеши назари ман аст,
ва хиҷолат рӯи маро пӯшидааст
17 Аз овози дашномдиҳанда ва бӯҳтонгӯй,
аз афту башараи душман ва интиқомҷӯй.
18 Ҳамаи ин ба сари мо омадааст,
валекин мо Туро аз хотир набаровардаем,
ва ба аҳди Ту хиёнат накардаем.
19 Дили мо ақиб нагашт,
ва пойҳои мо аз роҳи Ту берун нарафт,
20 Вақте ки моро дар макони шағолон фурӯ нишондӣ
ва бо зулмот моро пӯшондӣ.
21 Агар мо исми Худои худро аз хотир мебаровардем
ва кафҳои худро сӯи худои бегона дароз мекардем,
22 Оё Худо инро таҳқиқ наменамуд?
Зеро ки Ӯ асрори дилро медонад.
23 Лекин ба хотири Ту мо ҳар рӯз кушта мешавем,
мисли гӯсфандони забҳ ба шумор меравем.
24 Бархез! Чаро хобидаӣ, эй Худованд?
Бедор шав, ба сурати абадӣ моро напартой!
25 Чаро рӯи Худро пинҳон доштаӣ,
мусибат ва тангии моро фаромӯш кардаӣ?
26 Зеро ки ҷони мо ба хок яксон шудааст,
ҷисми мо ба замин часпидааст.
27 Ба мадади мо бархез,
ва моро ба хотири эҳсони Худ халосӣ деҳ.
44ТАРОНАИ ЧИЛУ ЧОРУМ
Суруди ҳамду сано дар шаъни Масеҳи Худо ва арӯси Ӯ.
1 Барои сардори муғанниён бар сози шушон. Суруди таълимии банӣ‐Қӯраҳ. Суруди муҳаббат.
2 Дилам аз ҳиссиёти хубе ба ҷӯш омадааст;
ман мегӯям: сурудам ба подшоҳ бахшида шудааст;
забонам қалами котиби тезнавис аст.
3 Ту аз банӣ‐одам зеботарин ҳастӣ;
латофат бар лабонат хувайдост;
бинобар ин Худо Туро муборак хондааст то абад.
4 Шамшери Худро, эй Баҳодур,
бар рони Худ бибанд, ки шукӯҳ ва шавкати Туст;
5 Ва дар шавкати Худ савор шуда,
дар роҳи ростӣ ва ҳилму адолат комьёб шав,
ва яминат чизҳои аҷоибе ба Ту нишон хоҳад дод.
6 Тирҳои Ту тез аст, —
қавмҳо зери пои Ту фурӯ меғалтанд: —
тирҳоят ба дили душманони Подшоҳ хоҳад расид.
7 Тахти Ту, эй Худо, то абад аст;
асои ростӣ асои малакути Туст.
8 Адолатро дӯст доштаӣ, ва аз шарорат нафрат дорӣ.
Бинобар ин Туро Худо, Худои Ту,
бо равғани шодмонӣ бештар аз рафиқонат тадҳин кардааст.
9 Ҳамаи либосҳоят мисли мур ва уд ва дорчин аст;
аз қасрҳои оҷ Туро бо созҳо хурсанд мекунанд.
10 Духтарони подшоҳон дар миёни азизони Ту ҳастанд;
ба яминат малика дар тиллои Ӯфир истодааст.
11 Бишнав, эй духтар, ва бубин, ва гӯши худро дор,
ва қавми худ ва хонаи падаратро фаромӯш кун.
12 Ва ҳангоме ки Подшоҳ иштиёқманди ҷамоли ту гардад,
зеро ки Ӯ Худованди туст, ба Ӯ саҷда намо.
13 Ва духтари Сӯр бо ҳадияҳо,
ва сарватдорони қавм дидори туро хоҳанд талабид.
14 Тамоми ҷалоли духтари Подшоҳ дар андарун аст:
либоси вай бо тилло мурассаъ аст;
15 Дар либоси пурнигор вай назди Подшоҳ бурда мешавад;
аз ақиби вай бокираҳо, дугонаҳояш, равонанд, ки пеши Ту оварда шудаанд;
16 Бо шодӣ ва хурсандӣ бурда мешаванд,
ба қасри Подшоҳ оварда мешаванд.
17 Дар ивази падаронат писаронат хоҳанд буд;
онҳоро дар тамоми замин мир таъин хоҳӣ кард.
18 Номи Туро зикр хоҳам кард то абадуддаҳр;
бинобар ин қавмҳо Туро ҳамд хоҳанд гуфт то абад.
45ТАРОНАИ ЧИЛУ ПАНҶУМ
Худо паноҳгоҳ ва қуввати мост.
1 Барои сардори муғанниён. Суруди банӣ‐Қӯраҳ бар сози аломӯт.
2 Худо паноҳгоҳ ва қуввати мост,
мададгоре ки дар тангиҳо зуд пайдо мешавад;
3 Бинобар ин нахоҳем тарсид, агарчи замин мубаддал шавад,
кӯҳҳо дар қаъри баҳрҳо ба ҷунбиш оянд,
4 Обҳои он хурӯшида, туғьён кунанд,
ва кӯҳҳо аз ғалаёни он мутазалзил шаванд. Село.
5 Ҷӯйҳои наҳр шаҳри Худоро хурсанд мекунанд,
ки он муқаддастарини масканҳои Ҳаққи Таолост.
6 Худо андаруни он аст, он фурӯ нахоҳад ғалтид:
субҳидам Худо ба он мадад хоҳад кард.
7 Халқҳо хурӯш бардоштанд; мамлакатҳо фурӯ ғалтиданд:
Ӯ овози Худро дод, ва замин ба ларза афтод.
8 Худованди лашкарҳо бо мост,
Худои Яъқуб паноҳгоҳи мост. Село.
9 Биёед, ба корномаҳои Худованд назар андозед,
ки харобиҳо бар замин овардааст:
10 Ба ҷангҳо то ақсои замин хотима дода,
камонро шикастааст ва найзаро пора кардааст,
аробаҳоро ба оташ сӯзондааст.
11 «Бозистед ва бидонед, ки Ман Худо ҳастам:
дар миёни халқҳо барафрохта хоҳам шуд,
бар замин барафрохта хоҳам шуд».
12 Худованди лашкарҳо бо мост,
Худои Яъқуб паноҳгоҳи мост. Село.
46ТАРОНАИ ЧИЛУ ШАШУМ
Худованди мо подшоҳ аст.
1 Барои сардори муғанниён. Таронаи банӣ‐Қӯраҳ.
2 Эй ҳамаи қавмҳо, каф занед!
Ба Худо бо овози тараннум бонг занед!
3 Зеро ки Худованди Таоло саҳмгин аст, —
подшоҳи бузург аст бар тамоми замин;
4 Қавмҳоро зердасти мо гардонд,
ва қабилаҳоро зери пойҳои мо;
5 Мероси моро барои мо баргузид,
яъне ифтихори Яъқубро, ки дӯст медорад. Село.
6 Худо бо бонги шодӣ сууд кард,
Худованд бо овози шох.
7 Бисароед Худоро, бисароед!
Бисароед Подшоҳи моро, бисароед!
8 Зеро ки Худо подшоҳи тамоми замин аст;
суруди дилнишине бихонед.
9 Худо бар халқҳо подшоҳ шуд;
Худо бар тахти муқаддаси Худ биншаст.
10 Мирони қавмҳо назди қавми Худои Иброҳим ҷамъ омадаанд,
зеро ки сипарҳои замин аз они Худост; Ӯ бениҳоят баланд аст.
47ТАРОНАИ ЧИЛУ ҲАФТУМ
Худои мо ба таври абадӣ ҳодии мо хоҳад буд.
1 Суруд. Таронаи банӣ‐Қӯраҳ.
2 Худованд бузург аст ва бениҳоят мамдӯҳ
дар шаҳри Худои мо, дар кӯҳи муқаддаси Худ.
3 Теппаи бисьёр зебо,
шодии тамоми замин аст кӯҳи Сион;
дар канори шимолӣ шаҳри Подшоҳи муаззам аст.
4 Худо дар қасрҳои он ҳамчун паноҳгоҳ машҳур аст:
5 Зеро инак подшоҳон ҷамъ омаданд, якҷоя гузаштанд;
6 Ҳамин ки онҳо диданд,
ҳайрон шуда ба ҳарос афтоданд ва рӯй ба гурез оварданд;
7 Ларза онҳоро дар он ҷо фаро гирифт ва дарди сахт,
ба монанди зане ки мезояд.
8 Ту бо боди шарқӣ киштиҳои Таршишро шикастӣ.
9 Чунон ки шунида будем,
ончунон дидем дар шаҳри Худованди лашкарҳо, дар шаҳри Худои мо:
Худо онро барқарор хоҳад кард то абад. Село.
10 Дар бораи эҳсони Ту, эй Худо,
мо андаруни қасри Ту фикру хаёл мекунем.
11 Чунон ки исми Ту, эй Худо,
ончунон ҳамду санои Ту то ақсои замин паҳн шудааст;
ямини Ту пур аз адл аст.
12 Кӯҳи Сион хурсандӣ мекунад,
духтарони Яҳудо шод мешаванд,
ба муносибати довариҳои Ту.
13 Дар гирди Сион гардед ва онро давр занед;
бурҷҳои онро бишморед;
14 Дили худро ба истеҳкомҳои он бимонед;
қасрҳояшро дида бароед,
то ки ба насли оянда ҳикоят кунед,
15 Зеро ки ин Худо Худои мост то абад;
Ӯ моро то дами мамот ҳидоят хоҳад кард.
48ТАРОНАИ ЧИЛУ ҲАШТУМ
Сарват, қувват ва ҷалоли одамон бо мурданашон тамом мешавад.
1 Барои сардори муғанниён. Таронаи банӣ‐Қӯраҳ.
2 Инро бишнавед, эй ҳамаи қавмҳо!
Гӯш андозед, эй ҳамаи сокинони дуньё!
3 Ҳам одамони оддӣ ва ҳам шахсони наҷиб;
сарватдор ва мискин якҷоя.
4 Забонам ҳикматро баён мекунад,
ва андешаҳои дилам аз ғояҳо иборат аст.
5 Гӯши худро ба масале медорам;
муаммои худро бо барбат мекушоям:
6 Чаро дар айёми бадкеш тарсон бошам,
вақте ки гуноҳи дунболагирҳоям маро иҳота мекунад?
7 Онҳо ба тавонгарии худ таваккал менамоянд,
ва бо фаровонии сарвати худ фахр мекунанд.
8 Касе ҳаргиз барои бародараш фидия намедиҳад;
кафораи худро низ ба Худо адо намекунад, —
9 Чунки фидияи ҷонашон гаронбаҳост,
ва он ҳаргиз муяссар намешавад, —
10 То ки доим зинда монда, рӯи гӯрро набинад.
11 Зеро мебинад, ки ҳакимон мемиранд,
бо якҷоягии ҷоҳилон ва аблаҳон нобуд мешаванд;
ва тавонгарии худро ба дигарон боқӣ мегузоранд.
12 Дар хотир мегузаронанд, ки хонаҳошон доимӣ
ва масканҳошон то абадуддаҳр аст;
заминҳошонро ба номҳои худ мехонанд.
13 Валекин одамизод дар ҷоҳу ҷалолаш намемонад:
ӯ мисли ҳайвонҳоест, ки ба ҳалокат мерасанд.
14 Чунин аст роҳи онҳое ки худбоваранд,
ва фарҷоми онҳое ки аз лофи худ хурсанданд. Село.
15 Мисли гӯсфандон ба дӯзах бурда мешаванд;
мамот онҳоро чӯпонӣ мекунад;
ва бомдодон росткорон бар онҳо ҳукмфармо хоҳанд шуд,
ва сурати онҳо дар дӯзах, ки маскани онҳост, хоҳад пӯсид.
16 Аммо ҷонамро Худо раҳо хоҳад кард,
зеро ки маро аз дасти дӯзах хоҳад гирифт. Село.
17 Натарс, вақте ки шахсе сарватдор шавад,
ва ҷалоли хонааш афзун гардад,
18 Зеро ки ҳангоми мурданаш чизе бо худ нахоҳад бурд;
ҷалолаш аз ақиби ӯ нахоҳад рафт;
19 Агарчи дар ҳаёташ ӯ баракати худро мехоҳад,
ва ба дили худ мегӯяд:
«Туро таъриф мекунанд, ки худро қонеъ мегардонӣ», —
20 Лекин сӯи насли падарони худ хоҳад рафт,
ки онҳо то абад нурро нахоҳанд дид.
21 Одаме ки соҳиби ҷоҳу ҷалол аст, вале фаҳм надорад,
мисли ҳайвонҳоест, ки ба ҳалокат мерасанд.
49ТАРОНАИ ЧИЛУ НӮҲУМ
Шукрона, мадҳ ва иҷрои аҳком қурбонии ҳақиқӣ барои Худо мебошад.
1 Таронаи Ософ.
Худои худоён, Худованд сухан меронад,
ва заминро аз тулӯи офтоб то ғуруби он мехонад.
2 Аз Сион, ки камоли зебоист, Худо таҷаллӣ менамояд.
3 Худои мо меояд, ва хомӯш нахоҳад буд:
пеши Ӯ оташи сӯзон муҳайёст,
ва гирдогирди Ӯ тӯфони дамон.
4 Аз боло осмон ва заминро мехонад,
то ки қавми Худро доварӣ намояд:
5 «Порсоёни Маро назди Ман ҷамъ оваред,
ки бо Ман ба қурбонӣ аҳд бастаанд».
6 Ва осмон адолати Ӯро баён хоҳад кард,
зеро ки Худо Довар аст. Село.
7 Бишнав, эй қавми Ман, то сухан ронам,
ва эй Исроил, то ба ту шаҳодат диҳам:
Ман, Худо, Худои ту ҳастам.
8 На аз барои қурбониҳоят туро мазаммат хоҳам кард;
қурбониҳои сӯхтании ту доимо пеши назари Ман аст.
9 На гӯсолае аз хонаи ту хоҳам гирифт,
на такае аз оғили ту,
10 Зеро ки тамоми ҳайвоноти ҷангал аз они Ман аст,
ва чорпоёне ки бар ҳазорҳо кӯҳҳо ҳастанд;
11 Ҳамаи мурғони кӯҳсорро мешиносам,
ва ҷонварони саҳро дар дасти Ман аст.
12 Агар гурусна мемондам, ба ту намегуфтам,
зеро ки дуньё ва ҳар чи дар он аст, аз они Ман аст.
13 Оё гӯшти говмешонро мехӯрам,
ва хуни такаҳоро менӯшам?
14 Ба Худо қурбонии шукронаро забҳ намо,
ва ба Ҳаққи Таоло назрҳои худро адо бикун.
15 Ва дар рӯзи тангӣ Маро бихон;
туро халосӣ хоҳам дод, ва ту Маро мадҳ хоҳӣ кард.
16 Вале ба шарир Худо мегӯяд:
«Ту чӣ ҳақ дорӣ, ки фароизи Маро ривоят намоӣ,
ва аҳди Маро ба забони худ оварӣ,
17 Дар сурате ки худат аз хулқу одоб нафрат дорӣ,
ва суханони Маро пушти по мезанӣ?
18 Чун дуздро дидӣ, ҳамроҳи вай медавӣ,
ва бо зинокорон шарик мешавӣ;
19 Даҳони худро барои бадгӯӣ мекушоӣ,
ва забонат макр мебофад;
20 Нишаста, дар ҳаққи бародари худ сухан меронӣ,
ба писари модари худ бӯҳтон мезанӣ.
21 Чунин рафтор кардӣ, ва Ман хомӯш мондам;
гумон кардӣ, ки Ман мисли ту ҳастам.
Бинобар ин туро мазаммат хоҳам кард,
ва доварии туро пеши назари ту ба амал хоҳам овард.
22 Инро, эй фаромӯшкунандагони Худо, фаҳм кунед:
мабодо шуморо бидарам, ва раҳокунандае набошад.
23 Ҳар кӣ шукронаро қурбонӣ намояд, вай Маро мадҳ мекунад,
ва ҳар кӣ роҳи дурустро пеш гирад, ба вай наҷоти Худоро нишон хоҳам дод».
50ТАРОНАИ ПАНҶОҲУМ
Дуои гуноҳкоре ки тавба мекунад.
1 Барои сардори муғанниён. Таронаи Довуд,
2 Вақте ки пеши ӯ, баъд аз даромаданаш назди Батшобаъ, Нотони набӣ омад.
3 Ба ман, эй Худо, аз рӯи лутфи Худ марҳамат намо,
ва ҷиноятҳоямро аз рӯи фаровонии марҳаматҳои Худ маҳв кун.
4 Маро аз гуноҳам чандинбора шустушӯ намо,
ва аз хатоям маро пок кун,
5 Зеро ки ман ба ҷиноятҳои худ иқрор ҳастам,
ва хатоям доим пеши назари ман аст.
6 Ба Ту ва танҳо ба Ту хато кардаам,
ва пеши назари Ту бадӣ кардаам,
бинобар ин Ту дар ҳукми Худ барҳақ ҳастӣ
ва дар доварии Худ пок.
7 Инак, ман дар гуноҳ офарида шудаам,
ва модарам дар хато ба ман ҳомила гардидааст.
8 Инак, Ту ростиро дар замирам хоҳон ҳастӣ,
ва дар ботинам ҳикматро ба ман меомӯзӣ.
9 Маро бо зуфо татҳир намо, ва ман пок хоҳам шуд;
маро шустушӯй кун, ва ман аз барф сафедтар хоҳам шуд.
10 Маро аз шодӣ ва хурсандӣ баҳраманд гардон,
то устухонҳое ки Ту шикастаӣ, хушнӯд шавад.
11 Рӯи Худро аз хатоям бипӯшон,
ва ҳамаи гуноҳҳои маро маҳв кун.
12 Худоё, дили поке дар ман биофарин,
ва рӯҳи дурусте дар ботинам нав бикун.
13 Маро аз пеши Худ дур наандоз,
ва Руҳулқудси Худро аз ман нагир.
14 Шодии наҷоти Худро ба ман баргардон,
ва бо рӯҳи олиҳимматӣ маро дастгирӣ намо.
15 Ба ҷинояткорон роҳҳои Туро таълим хоҳам дод,
ва хатокорон сӯи Ту руҷӯъ хоҳанд кард.
16 Маро аз хунҳо бираҳон, эй Худо, ки Худои наҷоти ман ҳастӣ,
то забонам адолати Туро тараннум намояд.
17 Худовандо! Лабҳои маро бикшо,
ва забонам ҳамду санои Туро хоҳад гуфт;
18 Зеро ки Ту қурбониро намехоҳӣ, вагар на меовардам;
ба қурбонии сӯхтанӣ таваҷҷӯҳ намекунӣ.
19 Қурбониҳои дилхоҳи Худо рӯҳи шикаста аст;
дили шикаста ва залилро Ту, эй Худо, хор нахоҳӣ дид.
20 Бо ҳусни таваҷҷӯҳи Худ ба Сион некӣ бикун;
ҳисорҳои Ерусалимро барпо намо.
21 Он гоҳ қурбониҳои адолат
ва қурбониҳои сӯхтанӣ ба Ту писанд хоҳад афтод;
он гоҳ бар қурбонгоҳи Ту гӯсолаҳоро хоҳанд овард.
51ТАРОНАИ ПАНҶОҲУ ЯКУМ
Мазаммати ғурури шарирон.
1 Барои сардори муғанниён. Суруди таълимии Довуд,
2 Вақте ки Дӯэги Адӯмӣ омада, ба Шоул хабар дода гуфт, ки Довуд ба хонаи Аҳималик омадааст.
3 Чаро ба бадӣ фахр мекунӣ, эй зӯровар?
Эҳсони Худо ҳамеша бо мост.
4 Забонат суханони фитнаангез мебофад;
он мисли покуи тез аст, эй маккор!
5 Бадиро аз некӣ бештар дӯст медорӣ,
ва дурӯғро аз ҳақгӯӣ бештар. Село.
6 Ҳар гуна суханони фосидонаро дӯст медорӣ,
эй забони ҳилагар!
7 Худо низ туро ба сурати абадӣ вожгун хоҳад намуд,
туро бе беху буньёд карда, аз хаймаат бадар хоҳад ронд,
ва решаи туро аз замини зиндаҳо. Село.
8 Ва одилон инро дида, ҳаросон хоҳанд шуд,
ва ба ҳоли вай хоҳанд хандид:
9 «Ин аст марде ки Худоро истеҳкоми худ надонист,
балки ба фаровонии сарвати худ таваккал кард
ва дар ҳирси худ қоим буд».
10 Валекин ман мисли зайтуни сабзу хуррам дар хонаи Худо ҳастам,
ва ба эҳсони Худо таваккал менамоям то абад.
11 Туро ҳамеша ҳамд хоҳам гуфт, зеро ки инро Ту ба амал овардаӣ;
ва ба исми Ту умед хоҳам баст, зеро ки он ба ҳузури порсоёни Ту некӯст.
52ТАРОНАИ ПАНҶОҲУ ДУЮМ
Нокасии шарирони бехудо.
Ваъдаи халосӣ ба баргузидагон.
1 Барои сардори муғанниён бар сози нафасӣ. Суруди таълимии Довуд.
2 Нокас дар дили худ гуфт: «Худо нест».
Онҳо фосид шудаанд ва корҳои зишт кардаанд;
некӯкоре нест.
3 Худо аз осмон ба банӣ‐одам назар андохт,
то бубинад, ки оё касе соҳибфаҳм ва толиби Худо ҳаст?
4 Ҳама ақиб гаштаанд, бо ҳамдигар фосиқ шудаанд;
некӯкоре нест, як нафар ҳам нест.
5 Оё бадкирдорон фаҳм намекунанд,
ки қавми Маро мехӯранд, чунон ки нон мехӯранд?
Худоро нахондаанд.
6 Он вақт сахт ҳаросон шуданд, дар сурате ки ҷои ҳарос набуд;
зеро ки Худо устухонҳои муҳосиракунандаи туро парешон кард.
Онҳоро хиҷил кардаӣ, чунки Худо онҳоро рад кард.
7 Кошки наҷоти Исроил аз Сион ба амал ояд!
Вақте ки Худо асирони қавми Худро баргардонад,
Яъқуб хурсанд ва Исроил шод хоҳад шуд.
53ТАРОНАИ ПАНҶОҲУ СЕЮМ
Дуо дар бораи наҷот додан аз душманон.
1 Барои сардори муғанниён бар созҳои торнок. Суруди таълимии Довуд,
2 Вақте ки зифиён назди Шоул омада, гуфтанд: «Оё Довуд назди мо пинҳон нашудааст?»
3 Худоё! Ба исми Худ маро наҷот деҳ,
ва ба қудрати Худ маро дар доварӣ ҳимоят намо.
4 Худоё! Дуоямро бишнав;
ба гуфтори забонам гӯш андоз,
5 Зеро ки бегонаҳо бар ман қиём кардаанд,
ва ситамгарон қасди ҷонам доранд;
Худоро пеши назари худ намеоваранд. Село.
6 Инак, Худо мададгори ман аст;
Худованд ҷонамро тақвият медиҳад.
7 Бадиро бар мухолифонам хоҳад баргардонид;
бо ростии Худ онҳоро маҳв намо.
8 Аз самими қалб ба Ту қурбониҳо меоварам;
исми Туро, эй Худованд, ҳамд мегӯям, чунки некӯст;
9 Зеро ки аз ҳамаи тангиҳо Ту маро раҳо кардаӣ,
ва чашми ман шикасти душманонамро дидааст.
54ТАРОНАИ ПАНҶОҲУ ЧОРУМ
Дуо дар бораи наҷот додан аз хоинон.
1 Барои сардори муғанниён бар созҳои торнок. Суруди таълимии Довуд.
2 Ба дуоям, эй Худо, гӯш андоз,
ва аз истиғосаи ман пинҳон нашав;
3 Ба ман диққат намо, ва маро иҷобат бикун;
дар изҳори дарди дили худ менолам, ва оҳи ҷигарсӯз мекашам
4 Аз овози душман, аз зулми шарир;
зеро ки дар ҳаққи ман ҷафо мекунанд,
ва бо ғазаб ба ман адоват доранд.
5 Дилам андаруни ман сахт метапад,
ва бимҳои мамот бар ман афтодааст.
6 Тарсу ларз бар ман ғолиб омадааст,
ва даҳшат маро фаро гирифтааст.
7 Ва ман гуфтам: «Кошки ман мисли кабӯтар болу пар медоштам:
парвоз карда, фароғат меёфтам;
8 Ба ҷойҳои дур парида мерафтам,
дар биёбон маскан мегирифтам. Село.
9 Мешитофтам, то ки аз тундбод
ва аз шамоли тӯфон паноҳ шавам».
10 Забонҳои онҳоро, эй Худованд, саргум ва аз ҳам ҷудо намо,
зеро ки дар шаҳр зулм ва ҷангу ҷидол дидаам:
11 Рӯзу шаб бар ҳисорҳои он мегарданд;
ҷафо ва хабосат андаруни он;
12 Фалокатҳо андаруни он;
макру фиреб аз кӯчаҳои он дур намешавад.
13 Зеро ки на душман маро мазаммат мекунад, —
ман ба ин тоқат меовардам;
на бадхоҳам бар ман такаббур менамояд, —
ман аз вай пинҳон мешудам;
14 Балки ту, эй марди ҳамвазни ман,
эй ҳамдам ва ҳамроҳи ман,
15 Ки ба ҳамдигар рози дил мегуфтем,
ва дар хонаи Худо бо ҳаяҷон мехиромидем.
16 Марги муфоҷот бар онҳо биёр:
бигзор зинда ба зинда ба дӯзах раванд,
зеро ки бадиҳо дар маскани онҳост, андаруни онҳост.
17 Ман сӯи Худо мехонам,
ва Худованд маро наҷот хоҳад дод.
18 Шомгоҳ ва субҳ ва нимирӯзӣ шиква
ва нолиш менамоям, ва Ӯ овози маро хоҳад шунид;
19 Ҷонамро аз ҷангу ҷидоли зидди ман ба саломатӣ раҳо кард,
зеро ки бисьёр касон ба ман муқобил буданд.
20 Худо маро хоҳад шунид, ва Ӯ, ки аз азал бар курсии доварӣ нишастааст,
онҳоро фурӯ хоҳад нишонд. Село.
Чунки дигаргуниҳо ба сари онҳо наомадааст,
ва онҳо аз Худо наметарсанд.
21 Вай дасти худро бар зидди дӯстони худ дароз кардааст,
аҳди худро шикастааст;
22 Забонаш хушомад мезанад,
вале дилаш пур аз кина аст;
суханонаш аз равған нармтар аст,
валекин шамшерҳои бараҳна аст.
23 Бори дилатро ба Худованд парто, ва Ӯ ба ту ғамхорӣ хоҳад кард.
Ӯ ҳаргиз нахоҳад гузошт, ки одил фурӯ ғалтад.
24 Ва Ту, эй Худо, онҳоро дар чоҳи ҳалокат хоҳӣ андохт;
хунхӯрон ва маккорон ба нисфи умри худ нахоҳанд расид.
Валекин ман ба Ту таваккал хоҳам кард.
55ТАРОНАИ ПАНҶОҲУ ПАНҶУМ
Таваккал кардан ба Худо дар вақти таъқиботи душманон.
1 Барои сардори муғанниён. Оид ба кабӯтари сокит дар мавзеи дур. Суруди Довуд, вақте ки фалиштиён ӯро дар Ҷот дастгир карданд.
2 Ба ман марҳамат намо,
эй Худо! Зеро ки одамизод мехоҳад маро поймол кунад;
ҳар рӯз ҷангҷӯ маро фишор медиҳад.
3 Мухолифонам ҳар рӯз мехоҳанд маро поймол кунанд;
зеро ки бисьёр касон бо ман меҷанганд, эй Ҳаққи Таоло!
4 Рӯзе ки ба ҳарос меафтам, ба Ту таваккал хоҳам кард.
5 Дар Худо каломи Ӯро мадҳ хоҳам кард;
ба Худо таваккал кардаам, наметарсам;
одамизод ба ман чӣ метавонад бикунад?
6 Ҳар рӯз суханонамро таҳриф мекунанд;
ҳамаи андешаҳошон нисбат ба ман барои бадист.
7 Ҷамъ шуда, камин мегиранд, қадамҳоямро мепоянд,
чунки қасди ҷонам доранд.
8 Наход ки онҳо аз мукофоти ҷафои худ мегурехта бошанд?
Қавмҳоро дар ғазаби Худ вожгун бикун, эй Худо!
9 Оворагардии маро Ту ба ҳисоб гирифтаӣ;
ашкҳоямро дар машки Худ биандоз, —
оё ин дар дафтари Ту нест?
10 Он гоҳ, рӯзе ки Туро бихонам, душманонам ақиб хоҳанд гашт;
инро медонам, зеро ки Худо бо ман аст.
11 Дар Худо каломро мадҳ хоҳам кард,
дар Худованд каломро мадҳ хоҳам кард.
12 Ба Худо таваккал кардаам, наметарсам;
одамизод ба ман чӣ метавонад бикунад?
13 Назрҳои Ту, эй Худо, бар ман аст;
қурбониҳои шукронаро пеши Ту хоҳам овард,
14 Зеро ки ҷонамро аз мамот халосӣ додаӣ;
оё пойҳоямро аз лағҷидан нигоҳ нахохӣ дошт,
то ки дар нури ҳаёт пеши Худованд роҳ равам?
56ТАРОНАИ ПАНҶОХУ ШАШУМ
Ҳамду сано дар шаъни Худо барои наҷот додан аз душманон.
1 Барои сардори муғанниён. Нобуд накун. Суруди Довуд, вақте ки ӯ аз пеши Шоул ба мағора гурехт.
2 Ба ман марҳамат намо, эй Худо, ба ман марҳамат намо!
Зеро ки ҷонам ба Ту паноҳ мебарад,
ва дар сояи болҳои Ту паноҳ мебарам,
то даме ки фалокатҳо бигзарад.
3 Сӯи Худои Таоло мехонам,
сӯи Худое ки ҳама чизро барои ман муҳайё мекунад:
4 Аз осмон фиристода, маро наҷот хоҳад дод;
поймолкунандаи маро шарманда хоҳад кард. Село.
Худо эҳсон ва ростии Худро хоҳад фиристод.
5 Ҷонам дар миёни шерон аст;
дар миёни одамхӯроне сокинам,
ки дандонҳошон найза ва тирҳост,
ва забонашон шамшери буррост.
6 Бар осмонҳо баланд шав, эй Худо,
ва ҷалоли Ту бар тамоми замин бод!
7 Доме барои пойҳоям тайёр кардаанд;
ҷонам афсурда шудааст;
чоҳе барои ман канданд,
аммо худашон дар он афтоданд. Село.
8 Дилам қавист, эй Худо, дилам қавист;
суруд хоҳам хонд ва хоҳам сароид.
9 Эй ҷалолам, бедор шав!
Эй уд ва барбат, бедор шав!
Ман субҳидамро бедор хоҳам кард.
10 Туро, эй Худованд, дар миёни қавмҳо ҳамд хоҳам гуфт;
Туро дар миёни қабилаҳо хоҳам сароид.
11 Зеро ки эҳсони Ту бузург аст то осмонҳо,
ва ростии Ту то афлок.
12 Бар осмонҳо баланд шав, эй Худо,
ҷалоли Ту бар тамоми замин бод!
57ТАРОНАИ ПАНҶОҲУ ҲАФТУМ
Худо бар доварони ноинсофи замин доварӣ менамояд.
1 Барои сардори муғанниён. Нобуд накун. Суруди Довуд.
2 Оё шумо, эй доварон, ҳақиқатан аз рӯи инсоф ҳукм мекунед
ва банӣ‐одамро аз рӯи ростӣ доварӣ менамоед?
3 Ба яқин шумо дар дили худ ноинсофиҳо ба амал меоваред,
зулми дастҳои худро дар замин бар тарозу мемонед.
4 Шарирон аз аввали таваллуди худ каҷ мераванд;
аз шиками модар козибон гумроҳ мешаванд.
5 Заҳри онҳо мисли заҳри мор аст,
мисли мори айнакдори кар, ки гӯшашро мепӯшад,
6 Ва овози афсунгаронро намешунавад,
агарчи дар афсун бағоят моҳиранд.
7 Худоё! Дандонҳои онҳоро дар даҳонашон бишкан;
дандонҳои пеши шеронро пора‐пора намо,
эй Худованд!
8 Бигзор онҳо мисли обе ки ҷорист, нест шаванд;
вақте ки тирҳои худро омода мекунанд,
мисли гард парешон шаванд;
9 Мисли тӯқумшуллуке ки аз назар ғоиб мешавад,
нест шаванд;
мисли афгонаи зан рӯи офтобро набинанд;
10 Пеш аз он ки дегҳои шумо оташи хорҳоро ҳис кунад,
ҳам гӯшти нопухта ва ҳам оташро шамол лесида барад.
11 Одил, чун интиқомро дид, шод хоҳад шуд,
пойҳои худро дар хуни шарир хоҳад шуст.
12 Ва одамизод хоҳад гуфт: «Ба яқин самаре барои одил ҳаст!
Ба яқин Худое ҳаст, ки бар замин доварӣ мекунад!»
58ТАРОНАИ ПАНҶОҲУ ҲАШТУМ
Дуо дар бораи ҳимоят кардани Худо аз дасти таъқибкунандагони бадқасд.
1 Барои сардори муғанниён. Нобуд накун. Суруди Довуд, вақте ки Шоул фиристод, ки хонаро қаровулӣ кунанд, то ӯро бикушанд.
2 Маро аз душманонам халосӣ деҳ, эй Худои ман!
Маро аз мухолифонам пуштибонӣ намо.
3 Маро аз бадкирдорон халосӣ деҳ
ва аз хунхӯрон наҷот деҳ.
4 Зеро инак, бар ҷонам камин мегиранд;
пурзӯрон ба муқобили ман ҷамъ мешаванд,
бе он ки ҷинояте ба амал оварда бошам
ва бе он ки хатое содир карда бошам, эй Худованд!
5 Бе он ки гуноҳе дошта бошам, мешитобанд ва омода мешаванд;
ба ёрии ман бедор шав ва назар андоз.
6 Валекин Ту, эй Худованд, эй Худои лашкарҳо,
эй Худои Исроил, бархоста ҳамаи халқҳоро сазо деҳ,
ба ҳеҷ як хоини ҷафокор раҳм накун. Село.
7 Шомгоҳ бармегарданд, чун сагон нула мекашанд,
ва шаҳрро давр мезананд.
8 Инак, бо даҳони худ мелаққанд;
шамшерҳо дар лабҳои онҳост;
зеро, ба гумонашон, «кист, ки бишнавад?»
9 Валекин Ту, эй Худованд, бар онҳо хоҳӣ хандид;
ҳамаи халқҳоро тамасхур хоҳӣ кард.
10 Бар хилофи куввати онҳо, Туро интизорӣ мекашам,
зеро Худо паноҳгоҳи ман аст.
11 Худои эҳсонкори ман ба ёрии ман хоҳад шитофт;
Худо нокомии мухолифонамро ба ман нишон хоҳад дод.
12 Онҳоро накуш, ки мабодо қавмам фаромӯш кунанд;
онҳоро бо қуввати Худ сарсону саргардон карда,
зеру забар намо, эй Худованд, ки сипари мо ҳастӣ.
13 Каломи лабҳошон хатои даҳони онҳост;
пас, бигзор дар кибри худашон гирифтор шаванд,
ба сабаби лаънат ва дурӯғе ки мегӯянд.
14 Кори онҳоро тамом кун, дар ғазабат тамом кун, то ки нест шаванд;
ва бидонанд, ки Худо дар Яъқуб то ақсои замин ҳукмфармост. Село.
15 Ва бигзор шомгоҳ баргашта,
чун сагон нула кашанд ва шаҳрро давр зананд;
16 Дар ба дар гашта, хӯроке биҷӯянд,
ва сер нашуда, забон ба шиква кушоянд.
17 Валекин ман қуввати Туро хоҳам сароид
ва субҳидам эҳсони Туро тараннум хоҳам кард,
зеро ки Ту паноҳгоҳи ман ҳастӣ,
ва гурезгоҳе дар рӯзи тангии ман.
18 Эй қуввати ман! Туро хоҳам сароид,
зеро ки Худо паноҳгоҳи ман аст, Худое ки ба ман эҳсон мекунад.
59ТАРОНАИ ПАНҶОҲУ НӮҲУМ
Дуо дар бораи мадад расонидани Худо дар вақти ҷанги нобарор.
1 Барои сардори муғанниён бар сози шушан‐эдут. Суруди таълимии Довуд,
2 Вақте ки ӯ бо Арам‐Наҳрайн ва бо Арам‐Суба меҷангид, ва Юоб баргашта, дувоздаҳ ҳазор адӯмиёнро дар водии Намак кушт.
3 Худоё! Моро партофтаӣ, моро рахна кунондаӣ,
бар мо ғазабнок шудаӣ; сӯи мо баргард.
4 Заминро ба ларзиш овардаӣ, кафондаӣ:
шикастапораҳои онро шифо деҳ,
зеро ки ба нокомӣ дучор шудааст.
5 Ба сари қавми Худ душвориҳо овардаӣ,
моро шароби заҳролуд нӯшондаӣ.
6 Ба тарсгорони Худ байрақ додаӣ,
то ки онро барои ростӣ барафрозанд. Село.
7 Барои он ки дӯстони Ту халосӣ ёбанд,
бо ямини Худ наҷот деҳ, ва маро иҷобат намо.
8 Худо дар қудси Худ гуфтааст:
«Хурсанд хоҳам шуд, Шакемро тақсим хоҳам кард,
ва водии Суккӯтро чен хоҳам намуд.
9 Ҷилъод аз они Ман аст ва Менашше аз они Ман;
Эфроим хӯди Ман аст, Яҳудо чӯбдасти салтанати Ман;
10 Мӯоб тоси шустушӯи Ман аст;
бар Адӯм кафши Худро хоҳам партофт.
Барои Ман фарьёд зан, эй замини Фалиштӣ!»
11 Кист, ки маро ба шаҳри ҳисордор дарорад?
Кист, ки маро то ба Адӯм ҳидоят намояд?
12 Оё на Ту, эй Худо, моро партофтаӣ,
ва бо лашкарҳои мо, эй Худо, берун намеоӣ?
13 Ба мо аз дасти аду ёварӣ намо,
зеро ки мадади одамизод ҳеҷ аст.
14 Бо Худо комьёб хоҳем шуд,
ва Ӯ адуёни моро хоку туроб хоҳад кард.
60ТАРОНАИ ШАСТУМ
Дуои подшоҳи мазлум.
1 Барои сардори муғанниён бар сози торнок. Таронаи Довуд.
2 Тазаррӯи маро, эй Худо,
бишнав, дуоямро иҷобат намо.
3 Аз ақсои замин сӯи Ту мехонам, дар сурате ки дилам мадҳуш мешавад:
маро ба кӯҳпорае ки аз ман баландтар аст, ҳидоят намо;
4 Зеро ки Ту паноҳгоҳи ман будӣ,
ва бурҷи қуввае аз душман.
5 Дар хаймаи Ту то абад сокин хоҳам буд,
ва дар зери сояи болҳои Ту паноҳ хоҳам ёфт. Село.
6 Зеро ки Ту, эй Худо, назрҳои маро шунидаӣ,
ва мероси тарсгорони исми Худро ато кардаӣ.
7 Рӯзҳо бар рӯзҳои подшоҳ биафзой,
ва солҳои ӯро то абадуддаҳр.
8 Ӯ то абад ба ҳузури Худо хоҳад нишаст;
эҳсон ва ростиро амр фармо, ки ӯро нигаҳбонӣ кунанд.
9 Ва ман исми Туро то абад хоҳам сароид,
чун ҳар рӯз назрҳои худро адо намоям.
61ТАРОНАИ ШАСТУ ЯКУМ
Оромӣ танҳо дар Худо мебошад.
1 Барои сардори муғанниён, Едутун. Таронаи Довуд.
2 Танҳо дар Худо ҷонам ором меёбад; наҷотам аз Ӯст.
3 Танҳо Ӯст кӯҳпораи ман,
наҷоти ман ва паноҳгоҳи ман: сахт фурӯ нахоҳам ғалтид.
4 То ба кай ба марде ҳамла мекунед,
то ки ӯро ҳамаатон ба ҳалокат бирасонед,
ба монанди девори хамида ва тавораи калавида?
5 Танҳо қасди он доранд, ки ӯро аз мартабааш сарнагун созанд;
кизбро дӯст медоранд: бо забони худ баракат медиҳанд,
вале андаруни худ лаънат мегӯянд. Село.
6 Танҳо дар Худо ором ёб, эй ҷонам!
Зеро ки умедам аз Ӯст.
7 Танҳо Ӯст кӯҳпораи ман, наҷоти ман ва паноҳгоҳи ман:
фурӯ нахоҳам ғалтид.
8 Наҷоти ман ва ҷалоли ман дар Худост;
кӯҳпораи қуввати ман ва паноҳгоҳи ман дар Худост.
9 Ҳама вақт ба Ӯ таваккал кунед, эй қавм!
Дилҳои худро ба ҳузури Ӯ холӣ кунед;
Худо паноҳгоҳи мост. Село.
10 Банӣ‐одам чизи бекоранд, фарзандони инсон ба сони кизб:
агар ба тарозу гузошта шаванд, ҳамаашон якҷоя аз ҳеҷ ҳам камтаранд.
11 Ба истисмор таваккал накунед, ва бо тороҷ наболед;
вақте ки сарват биафзояд, ба он дил набандед.
12 Худо як карат гуфтааст,
ва ду карат инро шунидаам, ки қувват дар Худост;
13 Ва эҳсон, эй Худованд, дар Туст,
зеро ки Ту ба ҳар кас мувофиқи аъмолаш подош хоҳӣ дод.
62ТАРОНАИ ШАСТУ ДУЮМ
Иштиёқи муошират бо Худо.
1 Таронаи Довуд, вақте ки ӯ дар биёбони Яҳудо буд.
2 Худоё! Ту Худои ман ҳастӣ, Туро ҳамеша меҷӯям;
ҷонам ташнаи Туст, ва ҷисмам пазмони Ту,
дар замини хароба ва бемаҷоле ки об надорад.
3 Ҳамин тавр дар қудс бар Ту менигаристам,
вақте ки ба дидани қувват ва ҷалоли Ту меомадам.
4 Зеро ки эҳсони Ту аз ҳаёт некӯтар аст;
лабҳоям Туро ситоиш хоҳад кард.
5 Ҳамин тавр Туро тамоми умри худ муборак хоҳам хонд;
ба исми Ту кафҳои худро боло хоҳам кард.
6 Ҷонам чун аз хӯроки равғанин ва лазиз сер хоҳад шуд,
ва даҳонам бо лабҳои шодмон Туро мадҳ хоҳад кард.
7 Вақте ки Туро бар бистари худ ба ёд меоварам,
ҳамаи посҳои шаб дар бораи Ту фикру хаёл мекунам,
8 Зеро ки Ту мададгори ман будӣ,
ва дар сояи болҳои Ту шодӣ хоҳам кард.
9 Ҷонам ба Ту часпидааст;
ямини Ту маро дастгирӣ менамояд.
10 Валекин онҳое ки толиби маҳв кардани ҷони мананд,
ба таҳтуттуроб хоҳанд рафт.
11 Онҳоро аз дами шамшер хоҳанд гузаронд;
онҳо тӯъмаи шағолон хоҳанд шуд.
12 Ва подшоҳ дар Худо шодӣ хоҳад кард;
ҳар кӣ ба Ӯ қасам ёд кунад, фахр хоҳад кард,
зеро ки даҳони дурӯғгӯён баста хоҳад шуд.
63ТАРОНАИ ШАСТУ СЕЮМ
Дуо дар бораи мадад расонидани Худо бар зидди бӯҳтонгӯён.
1 Барои сардори муғанниён. Таронаи Довуд.
2 Эй Худо, овозамро бишнав, вақте ки зорӣ мекунам;
ҷонамро аз бими душман нигаҳбонӣ намо.
3 Маро аз қасди бадкешон пинҳон бикун,
ва аз ҳаёҳуи бадкирдорон,
4 Ки забони худро мисли шамшер тез кардаанд,
тирҳои худ — суханони талхро ба зеҳ овардаанд,
5 То ки аз камингоҳи худ ба беайбе биандозанд;
баногоҳ ба вай меандозанд ва наметарсанд.
6 Ба бадкории худ қоиманд;
барои ниҳодани домҳои ниҳонӣ забон як мекунанд;
мегӯянд: «Кист, ки моро бубинад?»
7 Ноинсофиҳо меандешанд, ва мегӯянд:
«Андешаи хубе кардаем»;
ва умқи ботину дили ҳар яке пур аз макр аст.
8 Валекин Худо ба онҳо тир хоҳад андохт:
баногоҳ зарбаҳо хоҳанд хӯрд.
9 Ва бо забонҳои худ ба худашон шикаст хоҳанд расонд;
ҳар кӣ онҳоро бинад, бо нафрат калла хоҳад ҷунбонд.
10 Он гоҳ ҳамаи одамон хоҳанд тарсид,
ва корномаи Худоро эълон хоҳанд намуд,
ва аъмоли Ӯро фаҳм хоҳанд кард.
11 Одил дар Худованд шодӣ карда, ба Ӯ паноҳ хоҳад бурд,
ва ҳамаи ростдилон фахр хоҳанд кард.
64ТАРОНАИ ШАСТУ ЧОРУМ
Шукрона барои атоҳои осмон ва замин.
1 Барои сардори муғанниён. Таронаи Довуд. Суруд.
2 Туро, эй Худо, дар Сион ҳамду сано мунтазир аст,
ва назрҳо ба Ту адо карда хоҳад шуд.
3 Азбаски дуоро мешунавӣ,
тамоми навъи башар назди Ту хоҳанд омад.
4 Гуноҳкориҳо бар ман ғолиб омадааст:
ҷиноятҳои маро Ту кафорат хоҳӣ кард.
5 Хушо касе ки Ту ӯро баргузидаӣ ва муқарраби Худ гардондаӣ,
то ки ба саҳнҳои Ту сокин шавад.
Аз неъматҳои хонаи Ту,
аз қудсияти қасри Ту сер хоҳем шуд.
6 Бо корномаҳои саҳмгин аз рӯи адолат моро иҷобат хоҳӣ намуд, эй Худои наҷоти мо,
ки Ту паноҳи тамоми ақсои замин ва ҷазираҳои дурдасти баҳр ҳастӣ;
7 Кӯҳҳоро бо қуввати Худ барпо кардаӣ;
бо қудрат камар бастаӣ;
8 Талотуми баҳрҳоро — талотуми мавҷҳои онҳоро,
ва ошӯби қабилаҳоро сокит мекунӣ.
9 Ва сокинони ақсои замин аз аломоти Ту ҳаросонанд;
баромадгоҳҳои субҳ ва шомро шод мегардонӣ.
10 Ба замин назар карда, онро сероб намудаӣ,
онро бисьёр сарватдор кардаӣ;
ҷӯйбори Худо пур аз об аст;
ғаллаи онҳоро муҳайё менамой,
зеро ки онро чунин тайёр кардаӣ.
11 Чӯякҳои онро обшор, дӯнгиҳои онро ҳамвор мекунӣ,
бо боронҳо онро нарм месозӣ,
набототи онро баракат медиҳӣ.
12 Бо файзи Худ солро тоҷ мебахшӣ,
ва аз қадамгоҳи Ту равған мечакад;
13 Аз чарогоҳҳо низ равған мечакад,
ва талҳо ба шодмонӣ камар мебандад.
14 Марғзорҳо бо рама ва водиҳо бо ғалла пӯшида шудаанд;
бонги шодӣ мезананд ва суруд мехонанд.
65ТАРОНАИ ШАСТУ ПАНҶУМ
Шукрона ва мадҳ дар шаъни Худо барои дуое ки мустаҷоб шудааст.
1 Барои сардори муғанниён. Суруд. Тарона.
Эй тамоми аҳли замин, дар шаъни Худо бонги шодӣ занед.
2 Ҷалоли исми Ӯро бисароед;
ҳамду санои Ӯро ҷалол диҳед.
3 Ба Худо бигӯед: «Чӣ саҳмгин аст аъмоли Ту!
Аз бузургии қуввати Ту душманонат ба Ту бо тамаллуқ мутеъ хоҳанд шуд.
4 Тамоми аҳли замин ба Ту саҷда хоҳанд кард
ва Туро хоҳанд сароид;
исми Туро хоҳанд сароид». Село.
5 Биёед ва корномаҳои Худоро бубинед;
дар амалиёти Худ бар банӣ‐одам саҳмгин аст.
6 Баҳрро ба хушкӣ табдил дод;
пои пиёда аз дарьё гузаштанд;
он ҷо дар Ӯ хурсандӣ кардем.
7 Бо қудрати Худ бар ҷаҳон ҳукмфармост;
чашмони Ӯ ба халқҳо менигарад;
исьёнгарон сар нахоҳанд бардошт. Село.
8 Эй қавмҳо, Худои моро муборак хонед,
ва овози ҳамду санои Ӯро бишнавонед,
9 Ки Ӯ ҷонҳои моро дар ҳаёт боқӣ гузошт,
ва пойҳои моро намонд, ки фурӯ ғалтад.
10 Зеро ки моро, эй Худо, имтиҳон кардӣ;
моро гудохтӣ, чунон ки нуқраро мегудозанд.
11 Моро ба дом даровардӣ;
бори гароне бар камари мо гузоштӣ.
12 Одамизодро бар сари мо савор кардӣ;
ба оташ ва об даромадем,
ва моро ба мавзеи пурфайз баровардӣ.
13 Ба хонаи Ту бо қурбониҳои сӯхтанӣ хоҳам омад,
назрҳои худро ба Ту адо хоҳам кард,
14 Ки онҳо аз лабҳоям берун омадаанд,
ва забонам дар тангии ман онҳоро ифода намудааст.
15 Қурбониҳои сӯхтании бӯрдоқӣ ба Ту хоҳам овард, бо бухури қӯчқорҳо;
нарговҳо ва такаҳо барои қурбонӣ муҳайё хоҳам кард. Село.
16 Биёед, бишнавед, эй ҳамаи тарсгорони Худо,
то он чиро, ки Ӯ барои ҷонам кардааст, ҳикоят намоям.
17 Бо даҳонам сӯи Ӯ хондам,
ва мадхия бар забонам буд.
18 Агар дар дили худ талбисро медидам,
Худованд маро намешунид.
19 Аммо Худо шунид, ба овози дуоям диққат дод.
20 Муборак аст Худо, ки дуоямро рад нанамуд
ва эҳсони Худро аз ман дур накард.
66ТАРОНАИ ШАСТУ ШАШУМ
Суруд дар бораи ҳамди ҳамаи халқҳо дар шаъни Худованд.
1 Барои сардори муғанниён бар созҳои торнок. Тарона. Суруд.
2 Худо ба мо шафқат хоҳад кард ва моро баракат хоҳад дод;
рӯи Худро ба мо мунаввар хоҳад намуд, село,
3 То ки роҳи Ту дар замин шинохта шавад,
ва наҷоти Ту дар ҳамаи халқҳо.
4 Туро, эй Худо, қавмҳо ҳамд хоҳанд гуфт;
Туро ҳамаи қавмҳо ҳамд хоҳанд гуфт.
5 Қабилаҳо хурсандӣ ва тараннум хоҳанд кард,
зеро ки қавмҳоро аз рӯи адолат доварӣ менамоӣ,
ва қабилаҳоро дар замин ҳидоят мекунӣ. Село.
6 Туро, эй Худо, қавмҳо ҳамд хоҳанд гуфт;
Туро ҳамаи қавмҳо ҳамд хоҳанд гуфт.
7 Замин ҳосили худро дод;
Худо, Худои мо, моро баракат хоҳад дод.
8 Худо моро баракат хоҳад дод,
ва тамоми ақсои замин аз Ӯ хоҳанд тарсид.
67ТАРОНАИ ШАСТУ ҲАФТУМ
Суруди музаффарона дар шаъни Худованд Худо.
1 Барои сардори муғанниён. Таронаи Довуд. Суруд.
2 Худо хоҳад бархост, душманони Ӯ пароканда хоҳанд шуд,
ва бадхоҳони Ӯ аз пеши Ӯ хоҳанд гурехт.
3 Мисли он ки дуд пароканда мешавад, Ту онҳоро пароканда намо;
мисли он ки мум аз оташ гудохта мешавад,
шарирон аз ҳузури Худо нест хоҳанд шуд.
4 Аммо одилон шодӣ хоҳанд кард, пеши Худо хурсанд хоҳанд шуд,
ва аз шодмонӣ ба ваҷд хоҳанд омад.
5 Дар шаъни Худо суруд хонед, исми Ӯро бисароед;
барои Ӯ, ки бар осмонҳо савор аст, роҳе тайёр кунед;
исми Ӯ Худованд аст, ва пеши Ӯ ба ваҷд оед.
6 Падари ятимон ва довари бевазанон аст Худо
дар маскани қудси Худ.
7 Худо оворагонро ба хонаашон бармегардонад,
бандиёнро аз завлонаҳо берун меоварад;
аммо исьёнгарон дар биёбони тафсон сокин хоҳанд шуд.
8 Худоё! Вақте ки Ту пеши қавми Худ берун омадӣ,
вақте ки Ту дар биёбон қадамгузор шудӣ, село,
9 Замин ба ларза афтод,
ҳатто осмон аз ҳузури Худо ба боридан даромад;
ин Сино низ аз ҳузури Худо, ки Худои Исроил аст.
10 Борони пурфайз борондӣ, эй Худо;
мероси Худро, ки лакот буд, пурзӯр гардондӣ.
11 Қавми Ту дар он ҷо сокин шуданд;
аз рӯи меҳрубонии Худ, эй Худо, хоҷати камбағалро раво кардӣ.
12 Худованд амр мефармояд;
мубашширзанон анбӯҳи азиманд.
13 Подшоҳони лашкаркаш гурезогурез мекунанд;
ва зани хонанишин ғаниматро тақсим мекунад.
14 Агарчи байни оғилҳо фароғат доштед,
болҳои кабӯтар+ 67:14 Киноя аст бар қавми Исроил. бо нуқра пӯшида шуд,
ва парҳояш бо зари холис.
15 Вақте ки Қодир подшоҳонро дар он пароканда намуд,
кӯҳи Салмӯнро барф зер кард.
16 Кӯҳи худоён кӯҳи Бошон аст;
кӯҳи сар ба фалак афрошта кӯҳи Бошон аст.
17 Чаро шумо, эй кӯҳҳои сар ба фалак кашида,
бо ҳасад менигаред ба кӯҳе ки Худо онро маскани Худ ихтиёр кардааст?
Худованд бар он то абад сокин хоҳад буд.
18 Аробаҳои Худо беҳадду ҳисоб аст, ҳазорон ҳазор аст;
Худованд дар миёни онҳост,
чунон ки дар қудсияти Худ бар Сино буд.
19 Ба афроз сууд намудаӣ, асиронро ба асирӣ бурдаӣ,
аз байни одамон бахшишҳо гирифтаӣ,
ва аз байни исьёнгарон низ, то ки Ту, эй Худованд Худо, бар он афроз сокин бошӣ.
20 Муборак аст Худованд, ки ҳар рӯз бори моро мебардорад,
Худое ки наҷоти мост, село,
21 Худое ки барои мо Худои наҷот аст;
ва роҳҳои халосӣ аз мамот дар дасти Худованд Худост.
22 Ба яқин Худо сари душманони Худро хоҳад кӯфт;
фарқи сари мӯйдори касеро,
ки бо роҳи айбҳои худ як зайл равон бошад.
23 Худованд гуфт: «Аз Бошон хоҳам баргардонд,
аз қаъри баҳр хоҳам баргардонд,
24 То ки пои ту дар хун ғӯта занад,
ва забони сагони ту аз душманон баҳравар шавад».
25 Намоишҳои Туро, эй Худо, дидаанд,
намоишҳои Худои маро, Подшоҳи маро дар қудс.
26 Пешопеш сарояндагон равон, аз ақиби онҳо —
навозандагон, дар миёна — духтарони дафнавоз:
27 «Дар ҷамъомадҳо Худоро муборак хонед,
Худовандро аз манбаи Исроил!»
28 Он ҷо Биньёмини ҷавон — пешоҳанги онҳо;
мирони Яҳудо — анбӯҳи онҳо;
мирони Забулун, мирони Нафтолӣ.
29 Худои ту қувватро барои ту амр фармудааст.
Он чиро, ки Ту, эй Худо, барои мо ба амал овардаӣ, тақвият намо!
30 Аз қасри Ту, ки дар Ерусалим аст,
подшоҳон ба Ту ҳадияҳо хоҳанд овард.
31 Даррандаи наистонро ром кун,
галаи говмешонро низ дар миёни гӯсолаҳои қавмҳо,
ки аз барои сихҳои нуқра косалесӣ мекунанд;
қавмҳои ҷангҷӯро пароканда намо.
32 Олиҷоҳон аз Миср хоҳанд омад;
Ҳабаш дастҳои худро сӯи Худо дароз хоҳад кард.
33 Эй мамлакатҳои дуньё!
Дар шаъни Худо суруд хонед, Худовандро бисароед, село,
34 Ки Ӯ бар фалакулафлоки азалӣ савор аст.
Инак, овози Худро медиҳад, ки овози пурқувват аст.
35 Бузургии Худоро ҳамд гӯед!
Ҷалоли Ӯ бар Исроил аст, ва қуввати Ӯ дар афлок.
36 Ту, эй Худо, аз қудсҳои Худ саҳмгин ҳастӣ.
Худои Исроил ба қавми Худ қувват ва қудрат мебахшад.
Муборак аст Худо!
68ТАРОНАИ ШАСТУ ҲАШТУМ
Дуо дар бораи халосӣ додан аз андӯҳи азим.
1 Барои сардори муғанниён бар сози шӯшаним. Таронаи Довуд.
2 Маро наҷот деҳ, эй Худо,
зеро ки обҳо то ба ҷонам расидааст.
3 Дар ботлоқи чуқуре ғӯтидаам, ва ҷои истодан нест;
ба умқҳои об даромадаам,
ва ҷараёни об маро кашида мебарад.
4 Аз фиғон лакот гардидаам, гулӯям хушкидааст,
чашмонам аз интизорӣ ба Худои ман хаста шудааст.
5 Онҳое ки бесабаб аз ман нафрат доранд, аз мӯйҳои сарам зиёд шудаанд.
Онҳое ки ноҳақ ба ман адоват доранд ва маро нест кардан мехоҳанд,
пурзӯр шудаанд: он чи нагирифтаам, бояд баргардонам.
6 Худоё! Ту беақлии маро медонӣ,
ва айбҳои ман аз Ту пӯшида нест.
7 Умедворони Ту, эй Худованд Худои лашкарҳо,
аз боиси ман хиҷил нахоҳанд шуд.
Толибони Ту, эй Худои Исроил,
аз боиси ман шарманда нахоҳанд шуд.
8 Зеро ки ба ҳотири Ту бори нангро бардоштаам,
ва пардаи расвоӣ рӯи маро пӯшидааст.
9 Барои бародарони худ ғайр ҳисоб шудаам,
ва барои писарони модари худ — бегона.
10 Зеро ки рашки хонаи Ту маро хӯрдааст,
ва бадгӯиҳои бадгӯёни Ту бар ман афтодааст.
11 Ва рӯза дошта, бо гирья дили худро холӣ кардаам,
ва ин сабаби маломатҳо дар ҳаққи ман гардидааст.
12 Ва палосро либоси худ кардаам,
ва барои онҳо зарбулмасал шудаам.
13 Дар бораи ман дарвозанишинон гапу калоча мекунанд,
ва майнӯшон ашӯла мехонанд.
14 Валекин ман дуоямро пеши Ту, эй Худованд, дар вақти иҷобат мегӯям;
Худоё, дар бузургии эҳсони Худ ва ростии наҷоти Худ маро иҷобат намо.
15 Маро аз ботлоқ халос кун, то ки ғӯтида наравам:
аз бадхоҳонам ва аз умқи обҳо раҳо шавам;
16 Ҷараёни об маро набарад,
ва чуқурӣ маро ба коми худ накашад,
ва чоҳ даҳони худро бар ман напӯшад.
17 Маро иҷобат намо, эй Худованд, зеро ки эҳсони Ту некӯст;
аз рӯи фаровонии марҳаматҳои Худ бар ман таваҷҷӯҳ намо.
18 Ва рӯи Худро аз бандаи Худ пинҳон надор,
зеро ки ба танг омадаам; маро ба зудӣ иҷобат намо.
19 Ба ҷонам наздик шуда, онро халос кун;
бар хилофи душманонам маро раҳоӣ деҳ.
20 Ту нанги маро, хиҷолати маро ва расвоии маро медонӣ;
ҳамаи хасмҳоям пеши назари Туанд.
21 Маломат диламро шикастааст, ва ман хеле ранҷур шудаам;
ба дилсӯзе интизорӣ доштам, аммо набуд,
ба тасаллидиҳандагон низ, лекин наёфтам.
22 Ва барои хӯрданам заҳра доданд,
ва дар ташнагиам маро сирко нӯшонданд.
23 Бигзор суфраи онҳо пеши рӯяшон ба доме,
ва зиёфати осоиштаи онҳо ба қапқоне мубаддал гардад;
24 Бигзор чашмони онҳо хира шавад, то ки набинанд,
ва камарҳои онҳоро абадан суст гардон.
25 Хашми Худро бар онҳо бирез,
ва ғазаби Ту бигзор онҳоро дарьёбад.
26 Бигзор хонаҳошон хароб гардад,
ва касе дар ҳаймаҳошон сокин нашавад.
27 Зеро касеро, ки Ту задаӣ, таъқиб мекунанд,
ва дардҳои шаҳидонатро нақл менамоянд.
28 Гуноҳ бар гуноҳашон илова намо,
ва бигзор дар адолати Ту дохил нашаванд.
29 Бигзор аз дафтари ҳаёт маҳв гарданд,
ва бо одилон навишта нашаванд.
30 Валекин ман мискин ва азияткаш ҳастам;
наҷоти Ту, эй Худо, паноҳи ман хоҳад шуд.
31 Исми Худоро бо суруд мадҳ хоҳам кард;
ва Ӯро бо шукрона такбир хоҳам гуфт.
32 Ва ин ба Худованд писанд хоҳад омад,
бештар аз гов ва гӯсолае ки дорои шохҳо ва сумҳост.
33 Ҳалимон дида, шод хоҳанд шуд.
Эй толибони Худо, дилатон зинда хоҳад шуд.
34 Зеро ки Худованд мискинонро мешунавад,
ва ба бандиёни Худ беэътиноӣ намекунад.
35 Осмон ва замин, баҳрҳо ва ҳар он чи дар онҳо меҷунбад,
Ӯро мадҳ мекунанд.
36 Зеро ки Худо Сионро наҷот хоҳад дод,
ва шаҳрҳои Яҳудоро бино хоҳад кард,
ва дар он ҷо сокин хоҳанд шуд,
ва онро мерос хоҳанд гирифт.
37 Ва зурьёти бандагонаш вориси он хоҳанд шуд,
ва дӯстдорони исми Ӯ дар он сукунат хоҳанд кард.
69ТАРОНАИ ШАСТУ НӮҲУМ
Дуо дар бораи мадад ва халосӣ додан аз душманон.
1 Барои сардори муғанниён. Таронаи Довуд барои ёдоварӣ.
2 Худоё! Маро халосӣ деҳ; Худовандо!
Ба мадади ман шитоб кун.
3 Бигзор толибони ҷонам хиҷил ва шарманда шаванд;
бадхоҳонам қафо гарданд ва расво шаванд;
4 Онҳое ки «ҳай‐ҳай» мегӯянд,
ба сабаби шармандагии худ ақиб гарданд;
5 Ҳамаи толибони Ту дар Ту шодӣ ва хурсандӣ кунанд,
ва дӯстдорони наҷоти Ту доимо гӯянд:
«Афзун бод кибриёи Худо!»
6 Валекин ман камбағал ва мискин ҳастам.
Худоё! Сӯи ман шитоб кун:
мададгор ва раҳокунандаи ман Ту ҳастӣ;
Худовандо! Таъхир накун.
70ТАРОНАИ ҲАФТОДУМ
Дуо дар бораи ҳимоят ва дастгирӣ кардан дар пирӣ
1 Ба Ту, эй Худованд, паноҳ бурдаам;
ҳаргиз хиҷил нахоҳам шуд.
2 Аз рӯи адолати Худ маро халос кун ва маро раҳоӣ деҳ;
гӯши Худро сӯи ман хам намо ва маро наҷот деҳ.
3 Барои ман кӯҳпораи паноҳ бош, то ки ҳамеша биёям;
амри Ту буд, ки маро наҷот диҳӣ,
зеро ки сахра ва қалъаи ман Ту ҳастӣ.
4 Эй Худои ман! Маро аз дасти шарир раҳоӣ деҳ,
ва аз кафи ноинсоф ва золим.
5 Зеро ки Ту умеди ман ҳастӣ, эй Худованд Худо!
Аз хурдсолиам пушту паноҳи ман ҳастӣ.
6 Аз батн бар Ту такья кардаам;
аз шиками модарам Ту маро берун овардаӣ;
ҳамду санои ман доимо дар бораи Туст.
7 Барои бисьёр касон намунаи ибрат будам,
чунки Ту паноҳгоҳи пурзӯри ман будӣ.
8 Даҳонам аз ҳамду санои Ту пур аст,
ва ҳар рӯз аз васфи ҷалолати Ту.
9 Маро дар замони пирӣ партоб накун;
вақте ки қувватам кам шавад, маро тарк накун.
10 Зеро ки душманонам дар бораи ман сухан меронанд,
ва каминварони ҷонам бо ҳамдигар маслиҳат мекунанд,
11 Яъне мегӯянд: «Худо ӯро тарк кардааст;
ӯро таъқиб намоед ва дастгир кунед,
зеро ки халоскунандае нест».
12 Худоё! Аз ман дур набош;
эй Худои ман! Ба мадади ман шитоб кун.
13 Бигзор адуёни ҷонам хиҷил гарданд ва нест шаванд,
ва бадхоҳонам пероҳани нанг ва расвоӣ дар бар кунанд!
14 Валекин ман доимо умедвор хоҳам буд,
ва бар ҳамаи ҳамду санои Ту боз илова хоҳам намуд.
15 Забонам адолати Туро баён хоҳад кард,
ва ҳар рӯз наҷоти Туро;
зеро ки шумораи онҳоро намедонам.
16 Бо тавсифи қудрати Худованд Худо хоҳам омад;
адолати Туро, ки дар Ту ҳасту бас, зикр хоҳам кард.
17 Худоё! Ту маро аз хурдсолиам таълим додаӣ,
ва то ҳол корҳои аҷоиби Туро ҳикоят мекунам.
18 Ва маро, эй Худо, то вақти пирӣ ва мӯйсафедӣ низ тарк накун,
то даме ки бозуи Туро ба ин насл,
ва қудрати Туро ба ҳамаи ояндагон ҳикоят кунам,
19 Ва адолати Туро, эй Худо, ки то ба афроз мерасад,
ва корҳои бузургеро, ки Ту кардаӣ;
Худоё, кист монанди Ту?
20 Ту бар сари ман бисьёр тангиҳо ва сахтиҳо овардаӣ,
лекин боз маро зинда хоҳӣ кард,
ва аз вартаҳои замин боз маро берун хоҳӣ овард.
21 Бузургии маро афзун хоҳӣ кард,
ва боз маро тасаллӣ хоҳӣ дод.
22 Ман ҳам Туро бо уд ҳамд хоҳам гуфт,
яъне ростии Туро, эй Худои ман!
Туро, эй Қуддуси Исроил, бо барбат хоҳам сароид!
23 Чун Туро бисароям, лабҳоям шод хоҳад шуд;
ҷонам низ, ки Ту онро раҳоӣ додаӣ.
24 Забонам низ ҳар рӯз адолати Туро ҳикоят хоҳад кард,
зеро ки бадхоҳонам хиҷил ва расво шудаанд.
71ТАРОНАИ ҲАФТОДУ ЯКУМ
Суруди пайғамбарона дар бораи сарватҳои салтанати осоишта.
1 Таронаи Сулаймон.
Худоё! Инсофи Худро ба подшоҳ деҳ,
ва адолати Худро ба писари подшоҳ.
2 Қавми Туро аз рӯи адолат додгарӣ хоҳад кард,
ва мискинони Туро аз рӯи инсоф.
3 Кӯҳҳо ба қавм сулҳу осоиштагӣ хоҳанд овард,
ва талҳо аз рӯи адолат.
4 Мискинони қавмро доварӣ хоҳад кард,
фарзандони камбағалро наҷот хоҳад дод,
ва ба истисморгар шикаст хоҳад расонд.
5 Аз Ту хоҳанд тарсид, то даме ки офтоб нурафшон аст,
ва то даме ки моҳ тобон аст то абадуддаҳр.
6 Мисли борон бар алафзори даравшуда хоҳад фуромад,
мисли қатраҳое ки заминро сероб мекунанд.
7 Дар айёми ӯ одил нумӯ хоҳад кард,
ва сулҳу осоиштагӣ фаровон хоҳад буд,
то даме ки моҳ фано нашавад.
8 Ва қаламрави ӯ аз баҳр то баҳр хоҳад буд;
ва аз дарьё то ақсои замин.
9 Пеши ӯ биёбоннишинон зону хоҳанд зад;
ва душманони ӯ хокро хоҳанд лесид.
10 Подшоҳони Таршиш ва ҷазираҳо ҳадия хоҳанд овард;
подшоҳони Шабо ва Сабо инъомҳо пешкаш хоҳанд кард.
11 Ва ҳамаи подшоҳон ба ӯ саҷда хоҳанд кард;
ҳамаи халқҳо ба ӯ хизмат хоҳанд кард.
12 Зеро мискинеро, ки истиғоса мебарад, ва мазлумеро,
ки мададгор надорад, халос хоҳад кард.
13 Ба бенаво ва мискин шафқат хоҳад кард,
ва ҷонҳои мискинонро наҷот хоҳад дод.
14 Аз макр ва зулм ҷонҳои онҳоро раҳо хоҳад кард;
ва хуни онҳо дар назари ӯ гаронбаҳо хоҳад буд.
15 Ва ӯ зинда хоҳад буд, ва аз тиллои Шабо ба ӯ хоҳанд дод;
ва доимо барои ӯ дуо хоҳанд гуфт, ҳар рӯз ӯро муборак хоҳанд хонд.
16 Ғалла дар замин то ба қуллаи кӯҳхо фаровон хоҳад шуд;
ҳосили он мисли Лубнон шуввас хоҳад зад, ва мардуми шаҳр мисли алафи замин афзоиш хоҳанд ёфт.
17 Номи ӯ то абад хоҳад монд;
то даме ки офтоб нурафшон аст,
номи ӯ зикр хоҳад ёфт, ва дар ӯ баракат хоҳанд хост;
ҳамаи халқҳо ӯро мадҳ хоҳанд кард.
18 Муборак аст Худованд Худо, Худои Исроил,
ки танҳо Худаш корҳои аҷоиб мекунад.
19 Ва исми ҷалоли Ӯ то абад муборак аст,
ва тамоми замин аз ҷалоли Ӯ пур хоҳад буд, —
омин ва омин!
20 Дуоҳои Довуд ибни Йисой ба охир расид.
72ТАРОНАИ ҲАФТОДУ ДУЮМ
Осудагии шарирон озмоиш барои порсоён мебошад, лекин Худованд онҳоро тақвият медиҳад.
1 Таронаи Ософ.
Ба яқин Худо барои Исроил, барои софдилон некӯст.
2 Валекин ман, кам монда буд, ки пойҳоям билағҷад,
кам монда буд, ки қадамҳоям суст шавад,
3 Зеро ки аз лофакиён ҳасад бурдам,
вақте ки осудагии шариронро дидам.
4 Зеро ки то мурданашон азоб намекашанд,
ва ҷисмашон сиҳат аст.
5 Заҳмати инсониро аз сар намегузаронанд,
ва мисли одамон осеб намебинанд.
6 Бинобар ин шаддаи ғурур гарданашонро оро додааст;
либоси зулм ҷисмашонро пӯшидааст.
7 Чашмонашон равған баста, аз косахонааш баромадааст;
андешаҳои дилашон ошкор мешавад.
8 Тамасхур мекунанд ва бо адоват гап мезананд;
бо ҳавобаландӣ суханони ситамкорона мегӯянд.
9 Даҳонашонро ба осмон нигаронидаанд,
ва забонашон бар замин мегардад.
10 Бинобар ин қавми Ӯ ба ҳамон тараф рӯ меоварад,
ва оби фаровон ба вай нӯшонида мешавад.
11 Ва мегӯянд: «Худо чӣ гуна бидонад?
Ва оё Ҳаққи Таоло дорои дониш аст?»
12 Инак, ин шарирон
ва бепарвоёни ҷаҳон сарват афзун мекунанд.
13 Пас, беҳуда ман диламро соф кардаам,
ва кафҳоямро ба покӣ шустаам,
14 Дар сурате ки ҳар рӯз осеб мебинам,
ва ҳар субҳ панд мегирам.
15 Агар мегуфтам, ки «мисли онҳо сухан хоҳам ронд», —
дар ҳаққи насли фарзандони Ту хиёнат мекардам.
16 Ва фикру хаёл кардам, то ки инро бифаҳмам;
ин дар назарам заҳмат буд,
17 То даме ки ба қудсҳои Худо даромадам;
он гоҳ ба фарҷоми онҳо сарфаҳм рафтам.
18 Ба яқин Ту онҳоро дар ҷойҳои лағжонак гузоштаӣ;
оқибат онҳоро дар харобиҳо хоҳӣ андохт.
19 Чӣ гуна дар як мижа задан онҳо хонавайрон гардидаанд
ва ба ҳалокат расида, аз даҳшатҳо фано шудаанд!
20 Мисли хобе пас аз бедоршавӣ, Ту, эй Худованд,
онҳоро бедор карда, шавкаташонро барҳам хоҳӣ дод.
21 Зеро ки дилам ба ҷӯш омада буд,
ва ботинам маҷрӯҳ шуда буд,
22 Ва ман ҷоҳил будам ва сарфаҳм намерафтам;
мисли чорпое назди Ту будам.
23 Валекин ман доимо бо Ту ҳастам;
Ту ямини маро дастгирӣ намудаӣ.
24 Бо машварати Худ маро ҳидоят мекунӣ,
ва пас аз он маро ба ҷалол хоҳӣ расонд.
25 Кист барои ман дар осмон?
Ва бо Ту дар замин хоҳони чизе нестам.
26 Агарчи ҷисмам ва дилам адо мешавад,
Худо кӯҳпораи дили ман аст ва насибаи ман аст то абад.
27 Зеро инак онҳое ки аз Ту дур ҳастанд, нест хоҳанд шуд:
ҳар киро, ки аз Ту даст мекашад, дафъ хоҳӣ кард.
28 Валекин барои ман ба Худо наздик шуданам некӯст;
ба Худованд Худо ман паноҳ бурдаам,
то ки тамоми аъмоли Туро ривоят намоям.
73ТАРОНАИ ҲАФТОДУ СЕЮМ
Дуо дар бораи ҳимоят кардан аз дасти шарирони харобкунанда.
1 Суруди таълимии Ософ.
Чаро, эй Худо, моро ба сурати абадӣ партофтаӣ?
Ва ғазаби Ту бар гӯсфандони чарогоҳат аланга гирифтааст?
2 Ҷамоаи Худро, ки аз қадим харидаӣ ва раҳо кардаӣ,
то ки сибти мероси Ту гардад, ба ёд ор;
кӯҳи Сионро низ, ки бар он сокин шудаӣ.
3 Пойҳои Худро сӯи харобаҳои абадӣ бардор:
ҳар чиро, ки дар қудс буд, душман несту нобуд кардааст.
4 Хасмҳоят дар дохили маъбади Ту наъра мезананд;
ливоҳои худро ҳамчун аломот гузоштаанд;
5 Монанди касоне буданд, ки табарҳоро бар шохаҳои ба ҳам печидаи дарахтон баланд мекунанд;
6 Ва ҳоло ҳамаи кандакориҳои онро
бо табару тешаҳо шикастаанд;
7 Қудси Туро оташ задаанд;
маскани исми Туро то ба замин ҳаром кардаанд;
8 Дар дили худ гуфтаанд: «Онҳоро аз як сар нест мекунем», —
ва ҳамаи куништҳои Худоро дар замин сӯзондаанд.
9 Аломоти худро намебинем;
дигар набие нест, ва дар миёни мо касе нест,
ки бидонад, то ба кай чунин хоҳад буд.
10 То ба кай, эй Худо, аду мазаммат хоҳад кард?
Ва душман исми Туро доим таҳқир хоҳад кард?
11 Чаро дасти Худро, ва ямини Худро қафо гардондаӣ?
Онро аз бағали Худ бароварда, кори онҳоро тамом кун!
12 Ва Ту, эй Худо, аз қадим подшоҳи ман ҳастӣ;
Ту андаруни замин наҷотҳо ба амал меовардӣ.
13 Ту бо қуввати Худ баҳрро пора кардаӣ,
сарҳои тимсоҳҳоро дар об шикастаӣ.
14 Ту сарҳои аждарро кӯфтаӣ,
онро барои хӯроки биёбоннишинон додаӣ.
15 Ту чашма ва селоб кушодаӣ;
Ту дарьёҳои серобро хушконидаӣ.
16 Рӯз аз они Туст, шаб низ аз они Туст;
Ту найир ва офтобро барқарор кардаӣ.
17 Ту тамоми ҳудуди заминро муқаррар намудаӣ;
тобистон ва зимистонро Ту ба вуҷуд овардаӣ.
18 Инро ба ёд ор, ки душман Худовандро мазаммат менамояд,
ва мардуми нокас исми Туро таҳқир мекунанд.
19 Ҷони фохтаи Худро ба дарранда насупор;
ҳаёти мискинони Худро ба сурати абадӣ фаромӯш накун.
20 Ба аҳди Худ назар андоз;
зеро ки тамоми зулмоти замин аз воҳаҳои зулм пур шудааст.
21 Бигзор мазлум бо хиҷолат барнагардад;
мискин ва камбағал исми Туро мадҳ кунанд.
22 Бархез, эй Худо, доди Худро бигир;
ба ёд ор, ки нокасе ҳар рӯз Туро мазаммат мекунад.
23 Овози хасмҳои Худро фаромӯш накун,
ва ғавғои мухолифони Худро, ки доим баланд мешавад.
74ТАРОНАИ ҲАФТОДУ ЧОРУМ
Дуои шукрона дар шаъни Худованд барои сарафроз гардонидани одилон.
1 Барои сардори муғанниён. Нобуд накун. Таронаи Ософ. Суруд.
2 Туро ҳамд мегӯем, эй Худо, ҳамд мегӯем;
зеро ки исми Ту наздик аст;
корҳои аҷоиби Туро ривоят мекунанд.
3 «Вақте ки мӯҳлате муқаррар намоям,
Ман аз рӯи ростӣ доварӣ хоҳам кард.
4 Замин ва ҳамаи сокинонаш ба ларза омадаанд;
Ман аркони онро барпо кардаам». Село.
5 Ба лофакиён гуфтам: «Лоф назанед»,
ва ба шарирон: «Шох набардоред,
6 Шохи худро бар афроз набардоред,
бо гарданкашӣ суханони мутакаббирона нагӯед».
7 Зеро ки на аз машриқ наҷот меояд, ва на аз мағриб,
ва на аз биёбони кӯҳсор,
8 Балки Худо довар аст:
якеро сарнагун мекунад, дигареро сарафроз мегардонад.
9 Зеро ки коса дар дасти Худованд аст,
шароби пур аз дорувор дар он ҷӯш мезанад;
ва Ӯ аз он мерезад, ва дурди онро ҳамаи шарирони замин афшурда менӯшанд.
10 Валекин ман то абад ривоят хоҳам кард,
Худои Яъқубро хоҳам сароид.
11 Ва ҳамаи шохҳои шариронро хоҳам шикаст;
шохҳои одил барафрошта хоҳад шуд.
75ТАРОНАИ ҲАФТОДУ ПАНҶУМ
Суруди ҳамду сано дар шаъни доварии одилонаи Худо.
1 Барои сардори муғанниён бар созҳои торнок. Таронаи Ософ. Суруд.
2 Дар Яҳудо Худо машҳур аст;
дар Исроил исми Ӯ бузург аст.
3 Ва дар Салим хаймаи Ӯст, ва дар Сион маскани Ӯ.
4 Дар он ҷо барқҳои камонро шикаст:
сипар ва шамшер ва ҷангро. Село.
5 Ту соҳиби ҷалол ҳастӣ, тавонотар аз кӯҳҳои сайдафкан.
6 Шердилон тӯъмаи тороҷ шуданд, хобашон даррабуд,
ва тамоми мардуми диловар дасту по гум карданд.
7 Аз итоби Ту, эй Худои Яъқуб,
ҳам аробаро, ва ҳам аспро ғанаб бурд.
8 Ту саҳмгин ҳастӣ, ва кист,
ки дар вақти ғазабат пеши Ту истода тавонад?
9 Аз осмон хукмномаро шунавондӣ:
замин тарсид ва сокит шуд,
10 Ҳангоме ки Худо барои доварӣ бархост,
то ки ҳамаи ҳалимони заминро наҷот диҳад. Село.
11 Ба яқин хашми одамизод ба ҳамди Ту табдил хоҳад ёфт;
бар боқии хашмҳо Ту камар хоҳӣ баст.
12 Ба Худованд Худои худ назр кунед ва адо намоед;
бигзор ҳамаи онҳое ки дар гирди Ӯ ҳастанд,
ба Саҳмгин инъом биёранд.
13 Рӯҳи миронро фурӯ хоҳад нишонд;
барои подшоҳони замин саҳмгин аст.
76ТАРОНАИ ҲАФТОДУ ШАШУМ
Худованд қавми Худро дар айёми андӯҳ тарк намекунад.
1 Барои сардори муғанниён, Едутун. Таронаи Ософ.
2 Овозам сӯи Худост, ва фарьёд мекашам;
овозам сӯи Худост, ва ба ман гӯш хоҳад андохт.
3 Дар рӯзи тангии худ Худовандро талабидам;
дастам шабона дароз карда шуд, бе он ки фуроварда шавад;
аз ин ҳам ҷонам тасаллӣ наёфт.
4 Худоро ёд мекунам ва оҳи ҷигарсӯз мекашам;
фикру хаёл мекунам, ва рӯҳам бемадор мешавад. Село.
5 Чашмонамро бедор медорӣ;
музтариб шудаам ва наметавонам сухане гӯям.
6 Дар бораи айёми қадим андеша мекунам,
дар бораи солҳои салафут.
7 Сурудҳои шабонаи худро ба ёд меоварам,
бо дили худ фикру хаёл мекунам, ва рӯҳам ҷӯёст:
8 Магар Худованд ба сурати абадӣ тарк кардааст,
ва дигар таваҷҷӯҳ нахоҳад намуд?
9 Магар эҳсони Ӯ ба сурати абадӣ хотима ёфтааст,
ва қавли Ӯ то абадуддаҳр ботил шудааст?
10 Магар Худо омурзишро фаромӯш кардааст?
Магар марҳаматҳои Худро дар вақти хашм бас кардааст? Село.
11 Ва гуфтам: «Ин мусибати ман аст,
ки ямини Ҳаққи Таоло тағьир ёфтааст».
12 Амалиёти Худовандро зикр хоҳам кард,
зеро корҳои аҷоиби Туро, ки аз кадим аст, дар хотир дорам.
13 Ва дар тамоми аъмоли Ту диққат хоҳам намуд,
ва дар бораи корномаҳои Ту фикру хаёл хоҳам кард.
14 Худоё! Тариқи Ту дар қудсият аст.
Кист Худои бузург мисли Худо?
15 Ту Худое ҳастӣ, ки корҳои аҷоиб мекунӣ;
қуввати Худро дар миёни қавмҳо зоҳир сохтаӣ.
16 Қавми Худро бо бозу раҳо кардаӣ;
банӣ‐Яъқуб ва банӣ‐Юсуфро. Село.
17 Туро, эй Худо, обҳо дид, Туро обҳо дида,
туғьён кард; вартаҳо низ мутазалзил шуд.
18 Абрҳо об рехт, афлок овоз дод;
тирҳои Ту низ ба парвоз шуд.
19 Овози раъди Ту дар чархи фалак шунида шуд,
барқҳо ҷаҳонро равшан кард;
замин биларзиду ба раъша омад.
20 Тариқи Ту дар баҳр аст, ва роҳи Ту дар обҳои азим;
ва изҳои Ту номаълум.
21 Қавми Худро мисли гӯсфандон
бо дасти Мусо ва Ҳорун бурдӣ.
77ТАРОНАИ ҲАФТОДУ ҲАФТУМ
Садоқатмандии Худо дар идора кардани қавми беитоат.
1 Суруди таълимии Ософ.
Эй қавми ман, таълими маро бишнавед,
гӯши худро сӯи суханони даҳонам хам кунед.
2 Даҳонамро ба масал мекушоям,
муаммоҳои замони қадимро баён менамоям.
3 Он чи шунидаем ва донистаем,
ва падарони мо ба мо ҳикоят кардаанд,
4 Аз фарзандони онҳо пинҳон нахоҳем дошт:
ҳамду санои Худовандро, ва қуввати Ӯро,
ва корҳои аҷоиберо, ки Ӯ кардааст,
ба насли оянда ҳикоят хоҳем кард.
5 Шаҳодате дар Яъқуб барпо кард,
ва шариате дар Исроил муқаррар намуд,
ва ба падарони мо амр фармуд,
ки онҳоро ба фарзандони худ маълум кунанд,
6 То ки насли оянда, фарзандоне ки таваллуд хоҳанд шуд,
бидонанд, ва бархезанду ба фарзандони худ ҳикоят кунанд;
7 Ва ба Худо таваккал намоянд,
ва корҳои Худоро фаромӯш накунанд,
ва аҳкоми Ӯро нигоҳ доранд;
8 Ва монанди падарони худ насли саркаш ва исьёнгар нашаванд,
насле ки ростдил набуданд,
ва рӯҳашон ба Худо садоқат надошт.
9 Банӣ‐Эфроим, ки мусаллаҳ ва камондор буданд,
дар рӯзи корзор ақиб гаштанд;
10 Аҳди Худоро нигоҳ надоштанд,
ва аз рафтан бо роҳи шариати Ӯ сар кашиданд;
11 Ва корномаҳои Ӯро, ва корҳои аҷоиберо,
ки ба онҳо нишон дод, фаромӯш карданд.
12 Дар пеши назари падарони онҳо Ӯ дар замини Миср,
дар саҳрои Сӯан корҳои аҷоиб кард.
13 Баҳрро аз ҳам ҷудо кард, ва онҳоро гузаронд,
ва обҳоро мисли деворе барқарор намуд.
14 Ва рӯзона онҳоро бо абр бурд,
ва тамоми шаб бо нури оташ.
15 Дар биёбон кӯҳпораҳоро шикоф кард,
ва онҳоро гӯё аз вартаҳои азим нӯшонид.
16 Ва аз сахра селобҳоро берун овард,
ва обҳоро мисли дарьёҳо ҷорӣ кард.
17 Ва боз пеши Ӯ хато карданд,
ба Ҳаққи Таоло дар биёбон беитоатӣ нишон доданд.
18 Ва Худоро дар дили худ озмуда,
ба муддаои нафси худ хӯрок хостанд.
19 Ва бар зидди Худо сухан ронда, гуфтанд:
«Оё Худо дар биёбон суфра ороста метавонад?
20 Инак, кӯҳпораро зад, ва обҳо ҷорӣ шуд,
ва ҷӯйборҳо равон шуд.
Оё нон ҳам дода метавонад?
Оё барои қавми Худ гӯшт муҳайё карда метавонад?»
21 Худованд инро шунида, дар қаҳр шуд,
ва оташ бар Яъқуб даргирифт,
ва ғазаб бар Исроил аланга зад.
22 Зеро ки ба Худо имон наоварданд,
ва ба наҷоти Ӯ таваккал накарданд.
23 Ва афлокро аз боло амр фармуд,
ва дарҳои осмонро воз кард,
24 Ва маннро бар онҳо боронид, то бихӯранд,
ва нони осмонро ба онҳо ато кард.
25 Одамизод нони малоикро бихӯрд;
тӯша барои онҳо фиристод, ки сер шаванд.
26 Боди шарқиро дар осмон вазонид,
ва бо қуввати Худ боди ҷанубиро бархезонид.
27 Ва бар онҳо гӯштро мисли ғуборе боронид,
ва мурғони болдорро мисли реги баҳр.
28 Ва дар миёни бошишгоҳи онҳо,
дар қарибии масканҳошон фурӯ ғалтонид.
29 Ва хӯрданд ва хеле сер шуданд;
ва мувофиқи ҳирсашон ба онҳо дод.
30 Аз ҳирсашон даст накашиданд;
ҳанӯз хӯрокашон дар даҳонашон буд,
31 Ва ғазаби Худо бар онҳо аланга зад,
ва фарбеҳони онҳоро бикушт,
ва ҷавонони Исроилро нест кард.
32 Бо вуҷуди ин боз хато карданд,
ва ба корҳои аҷоиби Ӯ имон наоварданд.
33 Ва рӯзҳои онҳоро дар оворагардӣ,
ва солҳошонро дар тарсу ҳарос нобуд кард.
34 Вақте ки онҳоро мекушт, талабгори Ӯ мешуданд,
ва руҷӯъ намуда, Худоро меҷустанд.
35 Ва ба ёд меоварданд, ки Худо кӯҳпораи онҳост,
ва Худои Таоло раҳокунандаи онҳост.
36 Ва бо даҳони худ пеши Ӯ тамаллуқ мекарданд,
ва бо забони худ ба Ӯ дурӯғ мегуфтанд,
37 Аммо дилашон бо Ӯ рост набуд,
ва ба аҳди Ӯ садоқат надоштанд.
38 Валекин Ӯ, ки раҳим аст, гуноҳашонро кафорат намуда,
онҳоро нест намекард,
балки борҳо қаҳри Худро боздошта,
тамоми ғазаби Худро барнаангехтааст.
39 Ва дар хотир дорад, ки онҳо башаранд,
боде ҳастанд, ки меравад ва гашта намеояд.
40 Чандин бор дар биёбон Ӯро ба хашм оварданд,
дар бодия Ӯро оташин карданд.
41 Ва гашта‐баргашта Худоро озмуданд,
ва Куддуси Исроилро хорӣ доданд.
42 Дасти Ӯро дар хотир надоштанд,
ва рӯзеро, ки аз тангӣ онҳоро раҳо кард,
43 Яъне дар Миср аломоти Худро,
ва дар саҳрои Сӯан мӯъҷизоти Худро нишон дод:
44 Ва дарьёҳои онҳоро, ва селобҳои онҳоро
ба хун табдил дод, то ки нӯшида натавонанд.
45 Бар онҳо ҳашаротро фиристод, ки онҳоро газиданд;
ғукҳоро низ, ки онҳоро нобуд карданд.
46 Ҳосилоти онҳоро ба кирмак дод,
ва меҳнати онҳоро ба малах.
47 Токзори онҳоро бо жола кушт,
ва дарахтони ҷумизи онҳоро бо яхча.
48 Чорвои онҳоро ба жола супурд,
ва рамаҳои онҳоро ба шӯълаҳои барқ.
49 Бар онҳо оташи хашми Худро равона кард:
қаҳр, ва ғазаб,
ва мусибатро бо фиристодани малоики мусибат.
50 Роҳе барои ғазаби Худ сохта,
ҷони онҳоро аз мамот маҳфуз надошт,
балки ҳаёташонро ба вабо супурд.
51 Ва ҳамаи нахустзодагонро дар Миср зарба зад,
ибтидои қувватро дар хаймаҳои Ҳом.
52 Ва қавми Худро мисли гӯсфандон бурд;
ва онҳоро мисли рамае дар биёбон роҳбарӣ мекард.
53 Ва онҳоро дар осудагӣ ҳидоят менамуд, то. ки ҳаросон нашаванд;
ва душманони онҳоро баҳр дар худ ниҳон кард.
54 Ва онҳоро ба ҳудуди муқаддаси Худ овард,
ба кӯҳе ки ямини Ӯ пайдо карда буд.
55 Ва халқҳоро аз пеши онҳо бадар ронд,
ва заминашонро ба таври мерос қуръа партофт,
ва дар хаймаҳошон сибтҳои Исроилро сокин кард.
56 Вале боз Худои Таолоро озмуданду
ба хашм оварданд,
ва шаҳодоти Ӯро риоя накарданд.
57 Ва ақиб гашта, мисли падарони худ хиёнат карданд,
мисли камони ҳилагар чаппа рафтанд.
58 Ва дар теппаҳои худ Ӯро хашмгин карданд,
ва бо бутҳои худ рашки Ӯро оварданд.
59 Худо шунида, дар қаҳр шуд,
ва аз Исроил хеле нафрат кард.
60 Ва маскани Шилӯро тарк кард,
яъне хаймаеро, ки дар миёни одамон дошт.
61 Ва қуввати Худро ба асирӣ дод,
ва ҷалолати Худро ба дасти душман.
62 Ва халқи Худро ба шамшер таслим кард,
ва аз мероси Худ дар қаҳр шуд.
63 Ҷавонони варо оташ хӯрд,
ва ба духтарони вай сурудҳои никоҳ намехонданд.
64 Коҳинони вай дар ҷанг афтоданд,
ва бевазанони вай навҳа намекарданд.
65 Ва Худованд, мисли он ки дар хоб бошад, бедор шуд,
мисли паҳлавоне ки аз шароб хурӯш мекунад,
66 Ва душманони варо зарба зада, пас гардонд,
ба нанги абадӣ онҳоро гирифтор кард.
67 Ва аз хаймаи Юсуф нафрат кард,
ва сибти Эфроимро интихоб накард,
68 Балки сибти Яҳудоро баргузид,
яъне кӯҳи Сионро, ки дӯст медошт.
69 Ва қудси Худро мисли афрозҳо бино кард,
мисли замине ки буньёди онро Ӯ
ба сурати абадӣ ниҳодааст.
70 Ва бандаи Худ Довудро баргузид,
ва ӯро аз оғилҳои гӯсфандон гирифт;
71 Аз пеши мешҳои ширдеҳ ӯро овард, то ки қавми
Ӯ — Яъқубро, ва мероси Ӯ — Исроилро чӯпонӣ кунад.
72 Ва ӯ онҳоро бо дили софи худ чӯпонӣ кард,
ва бо маҳорати кафҳои худ ҳидоят намуд.
78ТАРОНАИ ҲАФТОДУ ҲАШТУМ
Дуо дар бораи халосӣ додани имондорон аз таҳқири шарирон.
1 Таронаи Ософ.
Худоё! Халқҳо ба мероси Ту даромаданд,
қасри қудси Туро ҳаром карданд,
Ерусалимро ба харобазор табдил доданд.
2 Лошаҳои бандагони Туро ба мурғони ҳаво
барои хӯрок партофтанд,
ва гӯшти порсоёни Туро ба ҳайвонҳои замин.
3 Хуни онҳоро мисли об гирдогирди Ерусалим рехтанд,
ва касе набуд, ки онҳоро ба хок супорад.
4 Назди ҳамсоягони худ нангин шудем,
хандахариш ва ҳақир назди онҳое ки
дар гирду пеши моянд.
5 То ба кай, эй Худованд, доим ғазабнок хоҳӣ буд?
Ва рашки Ту мисли оташ аланга хоҳад зад?
6 Ғазаби Худро бар халқҳое бирез, ки Туро намешиносанд,
ва бар мамлакатҳое ки исми Туро намехонанд.
7 Зеро ки Яъқубро хӯрдаанд,
ва манзили ӯро хароб кардаанд.
8 Гуноҳҳои аҷдодро ба мо хотирнишон накун;
бигзор марҳаматҳои Ту ба зудӣ моро истиқбол намояд,
зеро ки бисьёр ба залолат афтодаем.
9 Эй Худои наҷоти мо, ба хотири ҷалоли исми Худ ба мо мадад расон ва моро халосӣ деҳ,
ва ба хотири исми Худ хатоҳои моро кафорат намо.
10 Чаро халқҳо гӯянд, ки «Худои онҳо куҷост?»
Бигзор интиқоми хуни бандагони Ту,
ки рехта шудааст, дар миёни халқҳо
дар пеши назари мо маълум гардад.
11 Бигзор оҳу нолаи бандиён пеши Ту бирасад;
бо қудрати бозуи Худ маҳкумони мамотро вораҳон.
12 Ва сазои ҳафтчандон ба ҳамсоягони мо баргардон,
барои хорие ки ба Ту, эй Худованд, расондаанд.
13 Валекин мо, ки қавми Ту ва гӯсфандони чарогоҳи Ту ҳастем,
Туро ҳамеша сипос хоҳем гуфт ва ҳамду санои Туро то абадуддаҳр ба забон хоҳем ронд.
79ТАРОНАИ ҲАФТОДУ НӮҲУМ
Дуо дар бораи баргардонидан ва наҷот додани қавми баргузида.
1 Барои сардори муғанниён бар сози шушаним‐эдут. Таронаи Ософ.
2 Эй чӯпони Исроил, гӯш андоз!
Эй, ки Юсуфро мисли гӯсфандон роҳбарӣ намудаӣ,
эй, ки бар каррубиён нишастаӣ, таҷаллӣ намо!
3 Пеши Эфроим ва Биньёмин ва Менашше қудрати Худро бедор намо,
ва барои наҷоти мо биё.
4 Худоё! Моро баргардон,
ва рӯи Худро мунаввар намо, то ки наҷот ёбем.
5 Худовандо, Худои лашкарҳо!
То ба кай аз дуои қавми Худ қаҳр хоҳӣ кард?
6 Онҳоро нони пур аз ашк мехӯронӣ,
ва ашкҳои фаровон менӯшонӣ.
7 Моро гирифтори ҷидоли ҳамсоягони мо гардондаӣ,
ва душманон моро байни худ тамасхур мекунанд.
8 Эй Худои лашкарҳо! Моро баргардон,
ва рӯи Худро мунаввар намо, то ки наҷот ёбем.
9 Токро аз Миср берун овардӣ,
халқҳоро бадар рондӣ, ва онро шинондӣ.
10 Барояш ҷой холӣ кардӣ, ва он чуқур реша давонд,
ва заминро пур кард.
11 Кӯҳҳо бо сояи он пӯшида шуд,
ва шохаҳои он мисли арзҳои Худост.
12 Шохаҳои худро то баҳр паҳн кард,
ва навдаҳояшро то дарьё.
13 Чаро ҳисорҳои онро рахна кардаӣ,
ба тавре ки ҳар роҳгузар онро меканад,
14 Хуки ёбоӣ онро дандон мезанад,
ва ҳайвони саҳро онро мехӯрад?
15 Эй Худои лашкарҳо! Руҷӯъ намуда,
аз осмон назар андоз ва бубин, ва аз ҳоли
ин ток хабар гир,
16 Ва он чиро, ки ямини Ту шинондааст, тақвият намо,
ва он писарро, ки барои Худ баргузидаӣ.
17 Он дар оташ сӯзонда шудааст, шохаҳояш бурида шудаанд;
аз итоби рӯи Ту нест хоҳанд шуд.
18 Бигзор дасти Ту бар шахси ямини Ту бошад,
бар фарзанди одаме ки барои Худ баргузидаӣ.
19 Ва мо аз Ту қафо нахоҳем гашт;
моро зинда гардон, ва мо исми Туро хоҳем хонд.
20 Худовандо, Худои лашкарҳо! Моро баргардон,
рӯи Худро мунаввар намо, то ки наҷот ёбем.
80ТАРОНАИ ҲАШТОДУМ
Мадҳ ва суруд дар шаъни Худо, ки қавми Худро наҷот додааст.
1 Барои сардори муғанниён бар сози Ҷот. Таронаи Ософ.
2 Дар шаъни Худое ки қуввати мост, тараннум намоед!
Дар шаъни Худои Яъқуб бонги шодӣ занед!
3 Сурудро баланд кунед ва дафро биёред,
ва барбати хушоҳангро бо уд.
4 Дар сари моҳ шох навозед,
дар рӯзи моҳи пурра низ, ки рӯзи иди мост.
5 Зеро ки он фарз аст барои Исроил,
ҳукмест аз Худои Яъқуб.
6 Инро Ӯ шаҳодате дар Юсуф муқаррар намуд,
вақте ки вай бар замини Миср берун рафт.
Забонеро, ки намедонистам, шунидам:
7 «Китфи варо аз бори гарон раҳо кардам;
кафҳои вай аз сабад озод шуд.
8 Дар тангӣ хондӣ, ва Ман туро халосӣ додам;
аз даруни раъд туро иҷобат намудам;
назди обҳои Мерибо туро имтиҳон кардам. Село.
9 Бишнав, эй қавми Ман, ва Ман ба ту
шаҳодат хоҳам дод;
эй Исроил, кошки Маро бишнавӣ!
10 Бигзор туро худои ғайр набошад,
ва ту ба худои бегона саҷда накун.
11 Ман Худованд Худои ту ҳастам,
ки туро аз замини Миср берун овардаам;
даҳони худро воз кун, ва Ман онро пур хоҳам кард.
12 Валекин қавми Ман ба овози Ман гӯш надод,
ва Исроил ба ман сар нафуровард.
13 Ва Ман онҳоро ба якравии дилашон вогузор кардам,
то ки аз паи андешаҳои худ бираванд.
14 Кошки қавми Ман ба Ман гӯш медод,
ва Исроил бо роҳҳои Ман мерафт!
15 Ба зудӣ душманони онҳоро фурӯ менишондам,
ва дасти Худро бар адуёни онҳо бармегардондам:
16 Хасмҳои Худованд ба вай бо тамаллуқ мутеъ мешуданд,
ва замони вай то абад давом мекард.
17 Варо аз гандуми беҳтарин мехӯрондам;
ва аз асали кӯҳпора туро сер мекардам».
81ТАРОНАИ ҲАШТОДУ ЯКУМ
Таҳдиди доварии Худо бар доварони ноинсоф.
1 Таронаи Ософ.
Худо дар анбӯҳи худоён истодааст;
дар миёни худоён доварӣ мекунад.
2 То ба кай ноинсофона доварӣ хоҳед кард?
Ва нисбат ба шарирон рӯбинӣ хоҳед кард? Село.
3 Ба бенавоён ва ятимон додгарӣ намоед;
мазлумон ва мискинонро сафед кунед;
4 Бенаво ва камбағалро раҳо кунед:
аз дасти шарирон халосӣ диҳед.
5 Намедонанд ва намефаҳманд,
дар торикӣ роҳ мераванд;
ҳамаи асосҳои замин ба ларза омадааст.
6 Ман гуфтам: «Шумо худоён ҳастед,
ва ҳамаатон — писарони Хаққи Таоло.
7 Аммо ҳамчун одамизод хоҳед мурд,
ва чун яке аз мирон фурӯ хоҳед ғалтид».
8 Бархез, эй Худо, заминро доварӣ намо;
зеро ки Ту молики ҳамаи халқҳо ҳастӣ.
82ТАРОНАИ ҲАШТОДУ ДУЮМ
Дуо дар бораи подоши Худо ба душманони қавми баргузида.
1 Суруд. Таронаи Ософ.
2 Худоё! Ту сокит набош;
хомӯш набош ва осуда набош, эй Худо!
3 Зеро инак, душманони Ту хурӯш мебароваранд,
ва хасмҳои Ту сар мебардоранд.
4 Бар зидди қавми Ту дасиса меандешанд,
ва бар зидди паноҳкардагони Ту машварат менамоянд.
5 Гуфтанд: «Меравем ва онҳоро нест мекунем,
то ки халқе набошанд, ва номи Исроил дигар зикр наёбад».
6 Якдилона маслиҳатро пазондаанд,
бар зидди Ту иттифоқ бастаанд:
7 Хаймаҳои Адӯм ва исмоилиён; Мӯоб ва ҳоҷариён;
8 Ҷабол ва Аммӯн ва Амолеқ;
замини Фалиштӣ бо сокинони Сӯр;
9 Ашшур низ ба онҳо ҳамроҳ шудааст;
онҳо бозуе барои банӣ‐Лут гардидаанд. Село.
10 Ба онҳо ончунон амал бикун,
чунон ки ба Мидьён кардаӣ, чунон ки ба Сисро,
чунон ки ба Ёбин дар наҳри Қишӯн,
11 Ки онҳо дар Айндӯр ба ҳалокат расидаанд,
барои замин пору шудаанд.
12 Мирони онҳоро мисли Ӯреб ва Заэб гардон,
ва ҳамаи шоҳзодагони онҳоро мисли Забҳ ва Салмуноъ,
13 Ки онҳо мегуфтанд:
«Воҳаҳои Худоро барои худ тасарруф хоҳем кард».
14 Эй Худои ман! Онҳоро мисли ғуборе
дар гирдбод гардон,
мисли хасе пеши шамол.
15 Чунон ки оташ ҷангалро месӯзонад,
ва чунон ки аланга кӯҳҳоро парт мекунад,
16 Ончунон онҳоро бо бӯрони Худ бирон,
ва бо тундбоди Худ онҳоро дар даҳшат андоз.
17 Рӯйҳои онҳоро пурнанг гардон,
то ки исми Туро, эй Худованд, толиб шаванд.
18 Бигзор онҳо ба сурати абадӣ шарманда
ва ошуфтаҳол шаванд, ва расво шуда, нест гарданд,
19 Ва бидонанд, ки танҳо Ту, ки исмат Худованд аст,
бар тамоми замин Ҳаққи Таоло ҳастӣ.
83ТАРОНАИ ҲАШТОДУ СЕЮМ
Хушбахтии беайбон ва умедворони Худованд.
1 Барои сардори муғанниён бар сози Ҷот. Таронаи банӣ‐Қӯраҳ.
2 Чӣ дилпазир аст масканҳои Ту,
эй Худованди лашкарҳо!
3 Ҷонам иштиёқманд ва беҳол аст барои саҳнҳои Худованд;
дилам ва ҷисмам сӯи Худои Ҳай тараннум менамоянд.
4 Мурғак низ хонае барои худ пайдо мекунад,
ва гунҷишк лонае, то ки чӯҷаҳояшро дар он бимонад,
назди қурбонгоҳҳои Ту, эй Худованди лашкарҳо,
эй Подшоҳи ман ва Худои ман!
5 Хушо сокинони хонаи Ту,
ки Туро гашта‐баргашта мадҳ менамоянд. Село.
6 Хушо касоне ки қувваташон дар Туст,
ва тариқҳоят дар дили онҳост.
7 Вақте ки аз водии ашкбор мегузаранд, онро чашмасор мегардонанд;
борон низ онро бо баракат мепӯшад.
8 Ҳангоми рафтан бар қувваташон қувват меафзояд;
дар Сион пеши Худо ҳозир мешаванд.
9 Худовандо, Худои лашкарҳо! Дуои маро бишнав;
эй Худои Яъқуб, гӯш андоз! Село.
10 Сипари моро бубин, эй Худо,
ва бар рӯи масеҳи Худ назар андоз;
11 Ба яқин як рӯз дар саҳнҳои Ту беҳтар аст аз ҳазор:
афзал донистаам, ки назди остонаи хонаи Худо биистам,
назар ба он ки дар хаймаҳои шарорат сокин бошам.
12 Зеро ки Худованд Худо офтоб ва сипар аст;
Худованд меҳр ва ҷалол хоҳад бахшид;
касони ростравро аз некӯӣ маҳрум нахоҳад кард.
13 Эй Худои лашкарҳо!
Хушо касе ки ба Ту таваккал мекунад.
84ТАРОНАИ ҲАШТОДУ ЧОРУМ
Дуо дар бораи марҳамат ба тарсгорони Худо.
1 Барои сардори муғанниён. Таронаи банӣ‐Қӯраҳ.
2 Ба замини Худ, эй Худованд,
таваҷҷӯҳ намудаӣ, асирони Яъқубро баргардондаӣ,
3 Гуноҳи қавми Худро омурзидаӣ,
ҳамаи хатоҳои онҳоро пӯшидаӣ,
4 Тамоми қаҳри Худро дур кардаӣ,
аз шиддати ғазаби Худ баргаштаӣ.
5 Моро баргардон, эй Худои наҷоти мо,
ва хашми Худро аз мо ботил намо.
6 Наход ки ба сурати абадӣ бо мо хашмгин хоҳӣ буд?
Ва ғазаби Худро то абадуддаҳр давом хоҳӣ дод?
7 Наход ки Ту аз нав моро зинда нахоҳӣ гардонд,
то ки қавми Ту дар Ту шод бошанд?
8 Эҳсони Худро, эй Худованд, бар мо зоҳир намо,
ва наҷоти Худро ба мо ато фармо.
9 Хоҳам шунид, ки Худованд Худо чӣ мегӯяд.
Ба яқин Ӯ ба қавми Худ ва ба порсоёни Худ
аз сулҳу осоиштагӣ сухан хоҳад ронд,
то ки сӯи ҷаҳолат барнагарданд.
10 Ба яқин наҷоти Ӯ ба тарсгорони Ӯ наздик аст,
то ки ҷалол дар замини мо сокин шавад.
11 Эҳсон ва ростӣ мулоқот хоҳанд кард,
адолат ва осоиштагӣ якдигарро хоҳанд бӯсид.
12 Ростӣ аз замин хоҳад сабзид,
ва адолат аз осмон ба зуҳур хоҳад омад.
13 Худованд низ некӯӣ ато хоҳад кард,
ва замини мо ҳосили худро хоҳад дод.
14 Адолат пешопеши Ӯ хоҳад рафт,
ва қадамҳояшро бар роҳ хоҳад гузошт.
85ТАРОНАИ ҲАШТОДУ ПАНҶУМ
Дуо дар бораи мадад расонидан дар рӯзи андӯҳ.
1 Дуои Довуд.
Гӯши Худро, эй Худованд, хам карда,
маро иҷобат намо,
зеро ки ман мискин ва камбағалам.
2 Ҷони маро нигоҳ дор, зеро ки ман порсо ҳастам;
Ту, эй Худои ман, бандаи Худро,
ки ба Ту таваккал мекунад, наҷот деҳ.
3 Ба ман марҳамат намо, эй Худованд,
зеро ки ҳар рӯз сӯи Ту мехонам.
4 Ҷони бандаи Худро шод гардон,
зеро ки сӯи Ту, эй Худованд, ҷонамро менигаронам.
5 Зеро ки Ту, эй Худованд, некӯ ва омурзгор ҳастӣ,
ва пур аз эҳсон ба ҳамаи онҳое ки Туро мехонанд.
6 Ба дуоям, эй Худованд, гӯш андоз,
ва ба овози зориҳоям диққат намо.
7 Дар рӯзи тангии худ Туро хоҳам хонд,
зеро ки маро иҷобат хоҳӣ кард.
8 Мисли Ту, эй Худованд, дар миёни худоён нест;
ва аъмоле мисли аъмоли Ту нест.
9 Ҳамаи халқҳое ки офаридаӣ, омада пеши Ту,
эй Худованд, саҷда хоҳанд кард;
ва исми Туро ҷалол хоҳанд дод.
10 Зеро ки Ту бузург ҳастӣ ва корҳои аҷоиб мекунӣ, —
Ту, эй Худо, танҳо Худат.
11 Тариқи Худро, эй Худованд, ба ман таълим деҳ,
то ки дар ростии Ту рафтор намоям;
диламро якто гардон, то ки фақат аз тарси исми Ту пур бошад.
12 Туро, эй Худованд Худои ман, бо тамоми дилам ҳамд хоҳам гуфт,
ва исми Туро то абад ҷалол хоҳам дод,
13 Зеро ки эҳсони Ту ба ман бузург аст,
ва ҷонамро аз асфалуссофилин халосӣ додаӣ.
14 Худоё! Бадқасдон бар ман қиём кардаанд,
ва тӯдаи ситамгарон қасди ҷонам доранд;
ва Туро пеши назари худ намеоваранд.
15 Валекин Ту, эй Худованд, Худои раҳим ва бахшандаӣ,
собир ва пур аз эҳсон ва ростӣ.
16 Ба ман лутф ва марҳамат намо;
қуввати Худро ба бандаат бибахш,
ва писари канизи Худро наҷот деҳ;
17 Ба ман аломати некӯӣ зоҳир намо,
то ки бадхоҳонам дида, хиҷил шаванд,
зеро ки Ту, эй Худованд, ба ман ёварӣ намудаӣ ва маро тасаллӣ додаӣ.
86ТАРОНАИ ҲАШТОДУ ШАШУМ
Ситоиши шаҳри Худо.
1 Таронаи банӣ‐Кӯраҳ. Суруд.
2 Буньёди он+ 86:2 Ерусалим. дар кӯҳҳои муқаддас мебошад.
Худованд дарвозаҳои Сионро зиёда аз ҳамаи
масканҳои Яъқуб дӯст медорад.
3 Суханони ситоиш дар ҳаққи ту гуфта мешавад,
эй шаҳри Худо. Село.
4 «Ба орифони Худ Раҳаб+ 86:4 Киноя бар Миср аст. ва Бобилро зикр хоҳам кард;
инак замини Фалиштӣ, ва Сӯр бо Ҳабаш;
фалонӣ дар он ҷо таваллуд шудааст».
5 Вале дар ҳаққи Сион гуфта хоҳад шуд:
«Фалон одам ва фалон одам дар он таваллуд шудааст;
ва Худи Ҳаққи Таоло онро барпо кардааст».
6 Худованд дар дафтари қавмҳо хоҳад навишт:
«Фалонӣ дар он ҷо таваллуд шудааст». Село.
7 Ва сарояндагон бо раққосон: «Ҳамаи чашмаҳоям дар туст».
87ТАРОНАИ ҲАШТОДУ ҲАФТУМ
Дуо дар бораи халосӣ додан аз мусибати сахт.
1 Суруд. Таронаи банӣ‐Қӯраҳ. Барои сардори муғанниён бар сози маҳалат барои сароидан. Суруди таълимии Ҳеймони Эзроҳӣ.
2 Худовандо, Худои наҷоти ман!
Рӯзона фарьёд мекашам, шабона пеши Ту ҳастам.
3 Бигзор дуоям пеши Ту бирасад;
гӯши Худро сӯи тазаррӯи ман хам намо,
4 Зеро ки ҷонам аз мусибатҳо сер гардидааст,
ва ҳаётам ба гӯристон наздик шудааст.
5 Аз фурӯравандагони гӯр ҳисоб шудаам;
мисли марде гардидаам, ки маҷол надошта бошад.
6 Дар миёни мурдагон андохта шудаам,
мисли шаҳидоне ки дар қабр хобидаанд,
ки онҳоро дигар ёд нахоҳӣ кард,
ва онҳо аз дасти Ту дур афтодаанд.
7 Маро дар чоҳи таҳтуттуроб,
дар зулматҳо, дар қаърҳо гузоштаӣ.
8 Хашми Ту бар ман қарор гирифтааст,
ва бо ҳамаи туғьёнҳои Худ маро пахш кардаӣ. Село.
9 Шиносҳоямро аз ман дур кардаӣ,
маро дар назари онҳо нафратангез гардондаӣ;
мисли бандӣ ҳастам, ва наметавонам берун оям.
10 Чашмам аз бисьёрии мусибат хаста шудааст;
тамоми рӯз Туро, эй Худованд, хондаам;
кафҳоямро сӯи Ту дароз кардаам.
11 Оё барои мурдагон кори аҷоибе хоҳӣ кард?
Магар мурдагон бархоста, Туро ҳамд хоҳанд гуфт? Село.
12 Оё эҳсони Ту дар қабр зикр хоҳад ёфт,
ва ростии Ту дар дӯзах?
13 Магар корҳои аҷоиби Ту дар зулмот
дониста хоҳад шуд,
ва адолати Ту дар кишвари фаромӯшӣ?
14 Валекин ман сӯи Ту, эй Худованд, истиғоса мебарам,
ва субҳидам дуоям пеши Ту меояд.
15 Чаро, эй Худованд, ҷонамро фаромӯш мекунӣ,
ва рӯи Худро аз ман пинҳон медорӣ?
16 Ман ситамкаш ҳастам ва аз хурдсолӣ маҳкуми мамот шудаам;
бимҳои Туро аз сар гузаронда, маъюс гардидаам.
17 Ғазабҳои Ту бар ман гузаштааст;
даҳшатҳои Ту кори маро тамом кардааст,
18 Ҳар рӯз мисли об даври маро мегирад;
ҳамааш якҷоя маро иҳота мекунад.
19 Ёрон ва дӯстонро аз ман дур кардаӣ; ошноҳоям торикист.
88ТАРОНАИ ҲАШТОДУ ҲАШТУМ
Суруди ҳамду сано дар шаъни Худо барои марҳамати Ӯ.
1 Суруди таълимии Эйтони Эзроҳӣ.
2 Ба эҳсонҳои Худованд то абад суруд хоҳам хонд;
садоқати Туро бо даҳони худ то абадуддаҳр
баён хоҳам кард.
3 Зеро ки мегӯям: «Эҳсон ба сурати абадӣ бино ёфтааст;
садоқати Худро дар осмонҳо ба монанди онҳо барпо кардаӣ».
4 «Бо баргузидаи Худ аҳд бастаам,
ба бандаи Худ Довуд қасам хӯрдаам:
5 Зурьёти туро то абад пойдор хоҳам сохт,
ва тахти туро то абадуддаҳр бино хоҳам кард». Село.
6 Ва осмонҳо корҳои аҷоиби Туро, эй Худованд, ҳамд хоҳанд гуфт;
садоқати Туро низ дар шӯрои муқаддасон.
7 Зеро кист дар фалак, ки ба Худованд баробар бошад?
Кист аз фарзандони Худо,
ки ба Худованд монанд бошад?
8 Худо дар шӯрои бузурги муқаддасон арҷманд аст,
ва барои ҳамаи онҳое ки гирдогирди Ӯ ҳастанд,
саҳмгин аст.
9 Худовандо, Худои лашкарҳо!
Кист, ки мисли Ту, эй Худованд, тавоно бошад?
Ва садоқати Ту гирдогирди Туст.
10 Ту бар ғалаёни баҳр ҳукмфармо ҳастӣ;
вақте ки мавҷҳояш баланд шавад,
Ту онҳоро сокит мекунӣ.
11 Ту Раҳабро мисли шаҳиде фурӯ нишондаӣ;
бо бозуи пурзӯри Худ душманонатро пароканда кардаӣ.
12 Осмон аз они Туст, замин низ аз они Туст;
дуньёро бо ҳар чӣ дар он аст, Ту буньёд кардаӣ.
13 Шимол ва ҷанубро Ту офаридаӣ;
Тобӯр ва Ҳермӯн ба исми Ту тараннум хоҳанд кард.
14 Бозуи Ту соҳиби қудрат аст;
дасти Ту пурқувват аст, ямини Ту боло.
15 Адолат ва инсоф асоси тахти Туст;
эҳсон ва ростӣ пешопеши Ту мераванд.
16 Хушо қавме ки бонги шодиро медонанд!
Худовандо, онҳо дар нури рӯи Ту қадамгузор мешаванд;
17 Ба исми Ту тамоми рӯз шодӣ мекунанд,
ва ба адолати Ту сарафроз мегарданд,
18 Зеро ки ҷалолати қуввати онҳо Ту ҳастӣ;
ва бо таваҷҷӯҳи Ту шохи мо баланд хоҳад шуд.
19 Зеро ки сипари мо аз они Худованд аст,
ва подшоҳи мо аз они Қуддуси Исроил.
20 Як вақте ба порсои Худ дар рӯъё сухан ронда, гуфтаӣ:
«Ба зӯровар мадад кардам;
баргузидаи қавмро боло бардоштам.
21 Бандаи Худ Довудро кофта ёфтам;
бо равғани муқаддаси Худ ӯро тадҳин кардам,
22 Ки дасти Ман муттакои ӯ хоҳад буд;
бозуи Ман низ ӯро қавӣ хоҳад кард.
23 Душман ӯро фишор нахоҳад дод,
ва ноинсофе ба ӯ осеб нахоҳад расонд.
24 Ва адуёни ӯро пеши ӯ шикаст хоҳам дод,
ва бадхоҳони ӯро иҳота хоҳам кард.
25 Ва садоқати Ман ва эҳсони Ман бо ӯст,
ва шохи ӯ ба исми Ман баланд хоҳад шуд.
26 Ва дасти ӯро бар баҳр хоҳам гузошт,
ва ямини ӯро бар дарьёҳо.
27 Ӯ Маро хоҳад хонд: „Ту падари ман ҳастӣ,
эй Худои ман ва кӯҳпораи наҷоти ман“.
28 Ман низ ӯро нахустзодаи Худ хоҳам гардонд,
баландтар аз подшоҳони замин.
29 Эҳсони Худро ба ӯ то абад нигоҳ хоҳам дошт,
ва аҳди Ман бо ӯ боэътимод хоҳад буд.
30 Ва зурьёти ӯро то абад боқӣ хоҳам гузошт,
ва тахти ӯро мисли рӯзҳои осмон.
31 Агар фарзандонаш шариати Маро тарк созанд,
ва аз рӯи дастурҳои Ман рафтор накунанд;
32 Агар фароизи Маро поймол кунанд,
ва аҳкоми Маро нигоҳ надоранд, —
33 Ҷинояти онҳоро бо асо сазо хоҳам дод,
ва гуноҳи онҳоро бо шаллоқ.
34 Вале эҳсони Худро аз ӯ дур нахоҳам кард,
аз садоқати Худ даст нахоҳам кашид.
35 Аҳди Худро нахоҳам шикаст, ва он чиро,
ки аз даҳонам баромадааст, тағьир нахоҳам дод.
36 Як бор ба қудсияти Худ қасам хӯрдам,
ки ба Довуд дурӯғ нахоҳам гуфт.
37 Зурьёти ӯ то абад хоҳад буд,
ва тахти ӯ мисли офтоб ба ҳузури Ман;
38 Мисли моҳ то абад қоим хоҳад буд,
ва шоҳиди амин дар фалак». Село.
39 Валекин Ту тарк кардаӣ ва безор шудаӣ,
ва бо масеҳи Худ дар қаҳр шудаӣ.
40 Аҳди бандаи Худро хор дидаӣ,
тоҷи ӯро ба замин задаӣ.
41 Ҳамаи ҳисорҳои ӯро рахна кардаӣ,
қалъаҳои ӯро ба харобазор табдил додаӣ.
42 Ҳамаи роҳгузарон ӯро ғорат мекунанд;
назди ҳамсояҳои худ нангин шудааст.
43 Ямини адуёни ӯро боло бардоштаӣ,
ҳамаи душманони ӯро шод кардаӣ.
44 Дами шамшерашро низ гардондаӣ,
ва ӯро дар ҷанг тақвият надодаӣ.
45 Шавкати ӯро ботил кардаӣ,
ва тахти ӯро ба замин андохтаӣ.
46 Айёми навҷавонии ӯро кӯтоҳ кардаӣ;
пероҳани хиҷолат бар ӯ пӯшондаӣ. Село.
47 То ба кай, эй Худованд,
доим ниҳон хоҳӣ буд?
Ва ғазаби Ту мисли оташ аланга хоҳад зад?
48 Ба ёд ор, чӣ гуна фонист умри ман?
Чӣ гуна тамоми банӣ‐одамро ҳеҷу пуч офаридаӣ?
49 Кист марде ки зиндагӣ карда,
мамотро намедида бошад?
Ва ҷонашро аз дасти қабр халос мекарда бошад? Село.
50 Қуҷост эҳсонҳои пештараи Ту, эй Худованд,
ки ба Довуд бо садоқати Худ қасам хӯрдаӣ?
51 Хории бандагони Худро, эй Худованд, ба ёд ор,
ки онро аз ҳамаи қавмҳои бисьёр
дар синаи худ бардошта мегардам;
52 Хорие ки душманони Ту, эй Худованд, расондаанд;
хорие ки ба изҳои қадами масеҳи Ту расондаанд.
53 Муборак аст Худованд то абад! Омин ва омин.
89ТАРОНАИ ҲАШТОДУ НӮҲУМ
Дуо ба ҳузури Худои азалӣ дар бораи таваҷҷӯҳ намудан ба инсон.
1 Дуои Мусо, марди Худо.
Худовандо! Ту асрҳои аср паноҳандаи мо будӣ.
2 Пеш аз он ки кӯҳҳо таваллуд ёбад,
ва замин ва дуньё самар оваранд,
аз азал то абад Ту вуҷуд дорӣ, эй Худо.
3 Инсонро ба ҳолати ғубор бармегардонӣ,
ва мегӯӣ: «Банӣ‐одам, баргардед!»
4 Зеро ки ҳазор сол дар назари Ту мисли дирӯз аст,
ки гузашта бошад, ва мисли посе аз шаб.
5 Онҳоро мисли селобе равон мекунӣ;
мисли он ки дар хоб бошанд; мисли алафе ки пагоҳӣ мерӯяд,
6 Пагоҳӣ месабзад ва гул мекунад,
бегоҳӣ пажмурда ва хушк мешавад.
7 Зеро ки аз ғазаби Ту адо мешавем,
ва аз хашми Ту ошуфта мегардем.
8 Гуноҳҳои моро дар пеши назари Худ гузоштаӣ,
ниҳони моро дар нури рӯи Худ.
9 Зеро ки ҳамаи рӯзҳои мо зери қаҳри Ту гузаштааст;
солҳои худро мисли фиғоне ба сар бурдаем.
10 Рӯзҳои умри мо ҳафтод сол аст,
ва агар бақувваттар бошем — ҳаштод сол;
вале ифтихори онҳо аз заҳмат ва ҷафо иборат аст,
зеро ки зуд гузашта меравад, ва мо низ парвоз мекунем.
11 Кист, ки қуввати хашми Туро донад,
ва қаҳри Туро ба андозае ки аз Ту тарсидан лозим аст?
12 Шумурдани айёми моро дурустакак таълим деҳ,
то ки дили пурҳикмат пайдо кунем.
13 Баргард, эй Худованд! То ба кай?
Бар бандагони Худ шафқат намо.
14 Саҳаргоҳон моро аз эҳсони Худ сер кун,
то ки тамоми умри худ тараннум ва хурсандӣ кунем.
15 Моро хурсанд кун ба ивази рӯзҳое ки моро гирифтори залолат кардаӣ,
ба ивази солҳое ки бадӣ дидаем.
16 Бигзор аъмоли Ту бар бандагонат зоҳир шавад,
ва шавкати Ту бар фарзандони онҳо.
17 Бигзор ҳусни таваҷҷӯҳи Худованд Худои мо бар мо бошад!
Ва амали дастҳои моро бар мо тақвият намо;
ва амали дастҳои моро тақвият намо.
90ТАРОНАИ НАВАДУМ
Ваъдаи мадади Худо ба ҳамаи онҳое ки Ӯро дӯст доштаанд.
1 Он ки дар паноҳгоҳи Хаққи Таоло нишастааст,
дар сояи Қодири Бечун хоҳад буд.
2 Дар ҳаққи Худованд мегӯям: «Ӯ паноҳгоҳи ман аст ва қалъаи ман;
Худои ман аст, ки ба Ӯ таваккал мекунам».
3 Ба яқин Ӯ туро аз доми сайёд,
аз вабои ҳалокатовар халос хоҳад кард.
4 Бо парҳои Худ туро хоҳад пӯшонид,
ва зери болҳои Ӯ паноҳ хоҳӣ ёфт;
ростии Ӯ зиреҳ ва ҷавшан аст.
5 Аз воҳимаи шабона нахоҳӣ тарсид,
ва аз тире ки рӯзона мепарад;
6 Ва аз вабое ки дар торикӣ қадамгузор аст,
ва аз тоуне ки дар нимирӯзӣ талаф мекунад.
7 Ҳазорҳо ба гирду пешат хоҳанд афтод,
ва беварҳо ба яминат, аммо ба ту наздик нахоҳад шуд;
8 Фақат бо чашмонат нигоҳ хоҳӣ кард,
ва подоши шариронро хоҳӣ дид.
9 Зеро ки ту гуфтаӣ: «Худованд паноҳгоҳи ман аст»;
Ҳаққи Таолоро ту паноҳандаи худ ихтиёр кардаӣ.
10 Бадие ба ту рӯй нахоҳад дод,
ва офате ба хаймаи ту наздик нахоҳад шуд.
11 Зеро ки ба фариштагони Худ дар бораи ту амр хоҳад дод,
ки туро дар ҳамаи роҳҳоят нигоҳдорӣ кунанд.
12 Туро бар кафҳои худ бардошта хоҳанд бурд,
ки мабодо пои худро ба санге бизанӣ.
13 Бар шер ва мори айнакдор пой хоҳӣ монд;
шери ҷавон ва тимсоҳро поймол хоҳӣ кард.
14 «Азбаски ба ман ихлос бастааст, ӯро раҳоӣ хоҳам дод;
ӯро тақвият хоҳам кард, чунки исми Маро шинохтааст.
15 Маро хоҳад хонд, ва ӯро иҷобат хоҳам намуд;
дар тангӣ Ман бо ӯ ҳастам;
ӯро халосӣ хоҳам дод, ва ӯро ҷалол хоҳам дод.
16 Аз умри дароз ӯро сер хоҳам кард,
ва наҷоти Худро ба ӯ нишон хоҳам дод».
91ТАРОНАИ НАВАДУ ЯКУМ
Мадҳ дар шаъни Худо барои он ки Ӯ ҷаҳонро мӯъҷизакорона ва меҳрубонона идора менамояд.
1 Тарона. Суруди рӯзи шанбе.
2 Некӯст Худовандро ҳамд гуфтан,
ва исми Туро, эй Ҳаққи Таоло, сароидан,
3 Саҳаргоҳон эҳсони Туро баён кардан,
ва шабҳо садоқати Туро,
4 Бар сози даҳтор ва бар уд, бар нағмаи барбат.
5 Зеро ки маро, эй Худованд, бо корҳои Худ шод кардаӣ;
аъмоли дастҳои Туро тараннум хоҳам кард.
6 Чӣ бузург аст аъмоли Ту, эй Худованд!
Бениҳоят амиқ аст фикрҳои Ту.
7 Одами беақл инро намедонад,
ва аблаҳ сарфаҳм намеравад.
8 Дар сурате ки шарирон мисли алаф месабзанд,
ва ҳамаи бадкирдорон мешукуфанд,
то ки ба таври абадӣ нест шаванд, —
9 Ту то абад дар афроз ҳастӣ, эй Худованд!
10 Зеро инак, душманони Ту, эй Худованд, —
инак, душманони Ту маҳв мегарданд
ва ҳамаи бадкирдорон пароканда мешаванд.
11 Вале шохи маро мисли гови ваҳшӣ баланд кардаӣ;
ба худ равғани тоза молидаам;
12 Ва чашмам ба мухолифонам хоҳад нигарист;
гӯшҳоям дар бораи бадкешоне ки бар ман
қиём мекунанд, хоҳад шунид.
13 Одил мисли нахл хоҳад шукуфт,
мисли арзи Лубнон нашъунамо хоҳад ёфт.
14 Онҳое ки дар хонаи Худованд шинонда шудаанд,
дар саҳнҳои Худои мо хоҳанд шукуфт.
15 Дар пирӣ низ бор хоҳанд овард,
обдор ва тару тоза хоҳанд буд,
16 То баён кунанд, ки Худованд росткор аст;
Ӯ кӯҳпораи ман аст, ва дар Ӯ ҳеҷ ноинсофӣ нест.
92ТАРОНАИ НАВАДУ ДУЮМ
Ҳамд кардани малакути Худо.
1 Худованд подшоҳӣ мекунад;
Худро ба хилъати кибриё оростааст;
Худованд Худро оростааст, камарбанди қувватро бастааст;
дуньё низ устувор шудааст, фурӯ нахоҳад ғалтид.
2 Тахти Ту аз қадимулайём барқарор гардидааст;
Ту аз азал ҳастӣ.
3 Дарьёҳо хурӯш бардоштанд, эй Худованд;
дарьёҳо овози худро бардоштанд,
дарьёҳо талотуми мавҷҳои худро хоҳанд бардошт.
4 Аммо аз овозҳои обҳои бисьёр,
аз туғьёнҳои неруманди баҳр
Худованд дар афроз нерумандтар аст.
5 Шаҳодоти Ту бағоят боэътимод аст;
хонаи Туро, эй Худованд, дер гоҳ кудсият зебанда аст.
93ТАРОНАИ НАВАДУ СЕЮМ
Дуо дар бораи халосӣ додани қавми мазлум.
1 Худованд Худои интиқомҳост;
эй Худои интиқомҳо, таҷаллӣ намо!
2 Бархез, эй Довари замин, подоши мағруронро бидеҳ.
3 То ба кай шарирон, эй Худованд,
то ба кай шарирон шод бошанд?
4 Лоф мезананд, ҳавобаландона сухан меронанд;
ҳамаи бадкирдорон калонигарӣ мекунанд.
5 Қавми Туро, эй Худованд, поймол месозанд,
ва бар мероси Ту зулм мекунанд.
6 Бева ва ғарибро мекушанд,
ва ятимонро қатл мекунанд.
7 Ва мегӯянд: «Худованд намебинад,
ва Худои Яъқуб сарфаҳм намеравад».
8 Бифаҳмед, эй ҷоҳилони қавм!
Ва эй бехирадон, кай ба ақл меоед?
9 Он ки гӯшро шинондааст, оё намешунавад?
Он ки чашмро офаридааст, оё намебинад?
10 Он ки халқҳоро танбеҳ медиҳад,
оё мазаммат намекунад? — Он ки одамро ақл меомӯзад.
11 Худованд фикрҳои одамро медонад, ки онҳо ботил аст.
12 Хушо марде ки ӯро Ту, эй Худованд, танбеҳ мекунӣ,
ва аз шариати Худ ӯро таълим медиҳӣ,
13 То ки ӯро аз рӯзҳои бад фароғат бахшӣ,
то даме ки чоҳе барои шарир канда шавад.
14 Зеро ки Худованд қавми Худро рад нахоҳад кард,
ва мероси Худро тарк нахоҳад намуд.
15 Зеро ки доварӣ сӯи адолат хоҳад баргашт,
ва ҳамаи ростдилон онро пайравӣ хоҳанд кард.
16 Кист, ки барои ман бар зидди бадкешон қиём кунад?
Кист, ки барои ман бар зидди бадкирдорон истодагӣ намояд?
17 Агар Худованд мададгори ман намебуд,
кам монда буд, ки ҷонам дар олами хомӯшӣ сокин шавад.
18 Вақте ки мегуфтам: «Пои ман мелағҷад», —
эҳсони Ту, эй Худованд, маро дастгирӣ мекард.
19 Вақте ки андешаҳоям андаруни ман биафзояд,
тасаллиҳои Ту ҷонамро осудагӣ мебахшад.
20 Оё курсии фасодҳо метавонад бо Ту рафоқат дошта бошад,
ки он аз номи қонун ноинсофиро ба вуҷуд меоварад?
21 Бар ҷони одил тӯда мешаванд,
ва хуни бегуноҳро маҳкум мекунанд.
22 Валекин Худованд қалъаи ман аст;
ва Худои ман кӯҳпораи паноҳгоҳи ман аст.
23 Ва ҷафои онҳоро бар онҳо хоҳад баргардонид,
ва онҳоро ба ивази бадиашон нест хоҳад кард;
Худованд Худои мо онҳоро нест хоҳад кард.
94ТАРОНАИ НАВАДУ ЧОРУМ
Суруди ҳамду сано дар шаъни Худо,
ки Офаридагор ва Наҷотдиҳанда мебошад.
1 Биёед, дар шаъни Худованд тараннум намоем,
дар шаъни кӯҳпораи наҷоти худ бонги шодӣ занем.
2 Пеши Ӯ бо шукрона ҳозир шавем,
дар шаъни Ӯ бо сурудҳо бонги шодӣ занем.
3 Зеро ки Худованд Худои бузург аст,
ва подшоҳи бузург бар ҳамаи худоён.
4 Умқҳои замин дар дасти Ӯст;
ва қуллаҳои кӯҳҳо аз они Ӯст.
5 Баҳр аз они Ӯст, ва онро Ӯ ба вуҷуд овардааст;
ва хушкиро дастҳои Ӯ офаридааст.
6 Биёед, саҷда намоем ва таъзим кунем;
пеши Худованд, ки Офаридагори мост, зону занем.
7 Зеро ки Ӯ Худои мост, ва мо қавми чарогоҳи Ӯ
ва гӯсфандони зери дасти Ӯ ҳастем.
Имрӯз агар овози Ӯро бишнавед:
8 «Дилҳои худро мисли замони ошӯб сахт накунед,
мисли рӯзи озмоиш дар биёбон,
9 Ки падарони шумо Маро озмуданд;
Маро имтиҳон карданд, агарчи аъмоли Маро дида буданд.
10 Чил сол бар ин насл дарғазаб шудам, ва гуфтам:
қавми гумроҳдил ҳастанд, ва роҳҳои Маро нафаҳмиданд,
11 Ба тавре ки Ман дар ғазаби Худ қасам хӯрдам,
ки онҳо ба оромии Ман дохил нахоҳанд шуд».
95ТАРОНАИ НАВАДУ ПАНҶУМ
Башорат додани Худо дар миёни халқҳо.
1 Дар шаъни Худованд суруди наве бихонед;
дар шаъни Худованд суруд хонед, эй тамоми аҳли замин!
2 Дар шаъни Худованд суруд гӯед,
исми Ӯро муборак хонед,
наҷоти Ӯро рӯз ба рӯз башорат диҳед.
3 Ҷалоли Ӯро дар миёни халқҳо баён намоед,
ва корҳои аҷоиби Ӯро дар миёни ҳамаи қавмҳо.
4 Зеро ки Худованд бузург аст ва бениҳоят мамдӯҳ;
ва Ӯ саҳмгин аст бар ҳамаи худоён.
5 Зеро ки ҳамаи худоёни қавмҳо бутҳоянд,
вале Худованд осмонро офаридааст.
6 Шукӯҳ ва шавкат ба ҳузури Ӯст,
қувват ва ҷалолат дар қудси Ӯст.
7 Худовандро васф гӯед, эй қабилаҳои қавмҳо!
Дар шаъни Худованд васфи ҷалол ва қувватро гӯед.
8 Дар шаъни Худованд васфи ҷалоли исми Ӯро гӯед;
ҳадия биёред ва ба саҳнҳои Ӯ биёед.
9 Ба Худованд дар шавкати қудсият саҷда кунед;
пеши Ӯ биларзед, эй тамоми аҳли замин!
10 Ба халқҳо бигӯед: Худованд подшоҳӣ мекунад!
Дуньё низ устувор шудааст, фурӯ нахоҳад ғалтид;
Ӯ қавмҳоро аз рӯи инсоф доварӣ хоҳад кард.
11 Бигзор осмон хурсандӣ кунад, ва замин ба ваҷд ояд;
баҳр ва ҳар чӣ дар он аст, хурӯш бардорад;
12 Саҳро ва ҳар чӣ дар он аст, шод гардад,
ва ҳамаи дарахтони ҷангал тараннум кунанд
13 Пеши Худованд, зеро ки меояд,
зеро ки меояд, то заминро доварӣ намояд;
Ӯ дуньёро аз рӯи адолат доварӣ хоҳад кард,
ва қавмҳоро аз рӯи ростии Худ.
96ТАРОНАИ НАВАДУ ШАШУМ
Одилон аз ҷалоли Худованд шод мегарданд.
1 Худованд подшоҳӣ мекунад:
бигзор замин ба ваҷд ояд,
ва ҷазираҳои бисьёр хурсандӣ кунанд.
2 Абр ва тирагӣ гирдогирди Ӯст;
адолат ва инсоф асоси тахти Ӯст.
3 Оташ пешопеши Ӯ равон аст,
ва адуёни Ӯро гирдогирд месӯзонад.
4 Барқҳои Ӯ дуньёро равшан мекунад;
замин мебинад ва меларзад.
5 Кӯҳҳо аз хузури Худованд мисли мум гудохта мешавад,
аз хузури Худованди тамоми замин.
6 Осмонҳо адолати Ӯро баён мекунанд,
ва ҳамаи қавмҳо ҷалоли Ӯро мебинанд.
7 Ҳамаи санампарастон, ки ба бутҳо меболанд, хиҷил мешаванд;
ба Ӯ саҷда кунед, эй ҳамаи худоён!
8 Сион шунид ва хурсандӣ кард,
ва духтарони Яҳудо шод шуданд
ба муносибати довариҳои Ту, эй Худованд.
9 Зеро ки Ту, эй Худованд, бар тамоми замин баланд ҳастӣ,
аз ҳамаи худоён бағоят болотарӣ.
10 Эй дӯстдорони Худованд, аз бадӣ нафрат кунед!
Ӯ ҷонҳои порсоёни Худро нигоҳдорӣ мекунад,
онҳоро аз дасти шарирон халосӣ медиҳад,
11 Нур барои одилон медурахшад, ва шодӣ барои ростдилон.
12 Эй одилон, дар Худованд шодӣ кунед,
ва зикри қудсияти Ӯро ҳамд гӯед.
97ТАРОНАИ НАВАДУ ҲАФТУМ
Суруд дар шаъни Худо, ки Довари одили тамоми ҷаҳон мебошад.
1 Тарона.
Дар шаъни Худованд суруди наве бихонед,
зеро ки Ӯ корҳои аҷоиб кард;
яминаш ва бозуи муқаддасаш Ӯро мададгор шуд.
2 Худованд наҷоти Худро маълум кард,
адолати Худро пеши назари халқҳо зоҳир намуд.
3 Эҳсони Худ ва вафои Худро нисбат ба хонадони Исроил ба ёд овард;
тамоми ақсои замин наҷоти Худои моро диданд.
4 Дар шаъни Худованд бонги шодӣ занед,
эй тамоми аҳли замин!
Овоз бароред ва тараннум кунед ва суруд хонед.
5 Худовандро бо барбат бисароед,
бо барбат ва бо овози тараннум.
6 Бо карнайҳо ва овози шох
пеши Худованд Подшоҳ бонги шодӣ занед.
7 Бигзор баҳр ва ҳар чӣ дар он аст, хурӯш бардорад;
дуньё ва сокинони он низ;
8 Бигзор дарьёҳо каф зананд,
кӯҳҳо якҷоя тараннум кунанд
9 Пеши Худованд, зеро ки меояд,
то заминро доварӣ намояд;
Ӯ дуньёро аз рӯи адолат доварӣ хоҳад кард,
ва қавмҳоро аз рӯи инсоф.
98ТАРОНАИ НАВАДУ ҲАШТУМ
Ростӣ дар малакути Худо ҳукмрон аст.
1 Худованд подшоҳӣ мекунад: бигзор қавмҳо ба ларза оянд!
Ӯ бар каррубиён нишастааст: бигзор замин мутазалзил гардад!
2 Худованд дар Сион бузург аст;
ва Ӯ бар ҳамаи қавмҳо баланд аст.
3 Исми Туро ҳама хоҳанд гуфт,
эй бузургвор ва саҳмгин! — Ӯ Қуддус аст.
4 Ва қуввати подшоҳ инсофро дӯст медорад.
Ту ҳаққониятро барқарор кардаӣ;
инсоф ва адолатро дар Яъқуб ба амал овардаӣ.
5 Худованд Худои моро болобардор намоед,
ва ба қадамгоҳи Ӯ саҷда кунед! — Ӯ Қуддус аст.
6 Мусо ва Ҳорун дар миёни коҳинони Ӯ буданд,
ва Самуил дар миёни хонандагони исми Ӯ;
онҳо сӯи Худованд мехонданд, ва Ӯ онҳоро иҷобат менамуд.
7 Дар сутуни абр ба онҳо сухан меронд;
шаҳодоти Ӯро риоя мекарданд,
ва фароизеро, ки ба онҳо дода буд.
8 Худовандо, Худои мо! Ту онҳоро иҷобат менамудӣ;
онҳоро Худои ғаффор будӣ,
ва барои амалиёти зидди онҳо интиқом мегирифтӣ.
9 Худованд Худои моро болобардор намоед,
ва ба кӯҳи муқаддаси Ӯ саҷда кунед! —
Зеро ки Худованд Худои мо Қуддус аст.
99ТАРОНАИ НАВАДУ НӮҲУМ
Суруди шукрона дар шаъни Худованд.
1 Таронаи шукрона.
Дар шаъни Худованд бонги шодӣ занед,
эй тамоми аҳли замин!
2 Худовандро бо шодӣ ибодат намоед;
пеши Ӯ бо таронасароӣ биёед.
3 Бидонед, ки Худованд Худост;
Ӯ моро офаридааст, ва мо аз они Ӯ ҳастем,
қавми Ӯ ва гӯсфандони чарогоҳи Ӯ.
4 Ба дарвозаҳои Ӯ бо шукрона биёед,
ба саҳнҳои Ӯ бо ҳамду сано;
Ӯро ҳамд гӯед, исми Ӯро муборак хонед.
5 Зеро ки Худованд некӯст, эҳсони Ӯ то абад аст,
ва садоқати Ӯ то абадуддаҳр.
100ТАРОНАИ САДУМ
Шарирон аз шаҳри Худованд маҳв хоҳанд шуд.
1 Таронаи Довуд.
Дар шаъни эҳсон ва инсоф суруд хоҳам хонд;
Туро, эй Худованд, хоҳам сароид.
2 Ба тариқи комил эътибор хоҳам дод,
ҳангоме ки назди ман биёяд;
андаруни хонаи худ бо ростии дили худ
рафтор хоҳам кард.
3 Пеши назари худ чизи қабеҳро нахоҳам гузошт;
аз амали гумроҳон нафрат дорам; ба ман нахоҳад часпид.
4 Дили каҷрав аз ман дур хоҳад шуд;
бадиро нахоҳам донист.
5 Касеро, ки дар ниҳон аз ёри худ ғайбат мекунад, дафъ хоҳам кард;
шахсеро, ки чашмони ҳавобаландона ва дили пурғурур дорад, тоқат нахоҳам кард.
6 Чашмонам бар аминони замин аст, то ки ҳамнишини ман шаванд;
касе ки бо роҳи комил равон бошад, хизмати маро хоҳад кард.
7 Андаруни ҳонаи ман маккор сокин нахоҳад шуд;
дурӯғгӯй пеши назари ман нахохад истод.
8 Ҳар пагоҳӣ ҳамаи шарирони заминро дафъ хоҳам кард,
то ки ҳамаи бадкирдоронро аз шаҳри Худованд маҳв намоям.
101ТАРОНАИ САДУ ЯКУМ
Тавба кардани гуноҳкор ва ба Худованд рӯ овардани ӯ.
1 Дуои мискин, вақте ки ғамгин шуда, пеши Худованд андӯҳи худро изҳор мекунад.
2 Худовандо! Дуои маро бишнав,
ва истиғосаи ман назди Ту бирасад.
3 Рӯи Худро аз ман пинҳон надор,
дар рӯзи тангии ман гӯши Худро сӯи ман хам намо;
рӯзе ки бихонам, маро ба зудӣ иҷобат бикун.
4 Зеро ки рӯзҳоям мисли дуд фано шудааст,
ва устухонҳоям мисли ҳезуми нимсӯз гардидааст.
5 Дили ман мисли алафи офтобзадае хушкидааст,
зеро ки хӯрдани нонамро фаромӯш мекунам.
6 Аз овози оҳу воҳи ман устухонам ба пӯстам часпидааст.
7 Ба мурғи саққои биёбон монанд шудаам;
мисли буми харобазор гардидаам.
8 Шабзиндадорӣ мекунам ва мисли мурғаке ҳастам,
ки болои бом танҳо нишаста бошад.
9 Ҳар рӯз маро душманонам маломат мекунанд;
онҳое ки аз ман девонавор нафрат доранд,
дар ман лаънат мекунанд.
10 Зеро ки хокистарро мисли нон хӯрдаам,
ва нӯшокии худро бо ашк омехтаам,
11 Аз боиси хашми Ту ва ғазаби Ту;
зеро ки маро боло бардоштаӣ ва сарнагун кардаӣ.
12 Рӯзҳоям мисли сояи шомгоҳ аст;
ва ман мисли алаф хушк шудаам.
13 Валекин Ту, эй Худованд, то абад қоим ҳастӣ,
ва зикри Ту то абадуддаҳр аст.
14 Ту бархоста, бар Сион марҳамат хоҳӣ кард;
зеро вақти он аст, ки ба вай марҳамат намоӣ,
чунки мӯҳлат расидааст;
15 Зеро ки бандагони Ту ба сангҳои он муҳаббат доранд,
ва хоки онро азиз медоранд.
16 Ва халқҳо аз исми Худованд хоҳанд тарсид,
ва ҳамаи подшоҳони замин аз ҷалоли Ту.
17 Зеро ки Худованд Сионро бино кардааст;
дар ҷалоли Худ зоҳир шудааст;
18 Ба дуои нотавонон таваҷҷӯҳ намудааст,
ва аз дуои онҳо нафрат накардааст.
19 Ин барои насли оянда навишта мешавад,
ва қавме ки офарида хоҳад шуд,
Худовандро мадҳ хоҳад кард.
20 Зеро ки Ӯ аз афрози муқаддаси Худ мушоҳида кардааст:
Худованд аз осмон ба замин назар андохтааст,
21 Барои он ки оҳу нолаи бандиро бишнавад,
маҳкумони мамотро аз банд озод кунад,
22 То ки исми Худовандро дар Сион ба забон оваранд,
ва ҳамду санои Ӯро дар Ерусалим,
23 Вақте ки қавмҳо бо ҳам ҷамъ шаванд,
ва мамлакатҳо низ, то ки Худовандро ибодат намоянд.
24 Куввати маро дар роҳ фурӯ нишонд,
рӯзҳоямро кӯтоҳ кард.
25 Гуфтам: «Эй Худои ман! Маро дар нисфи рӯзҳоям набар.
Солҳои Ту то абадуддаҳр аст.
26 Дар замони қадим заминро буньёд кардаӣ,
ва осмон амали дастҳои Туст.
27 Онҳо фано хоҳанд шуд, валекин Ту қоим хоҳӣ буд;
ва ҳамаашон мисли ҷомае ҷиғда‐ҷиғда хоҳанд шуд,
мисли пероҳане онҳоро хоҳӣ печонид;
ва онҳо мубаддал хоҳанд шуд.
28 Валекин Ту ҳамон ҳастӣ,
ва солҳои Ту тамом нахоҳад шуд.
29 Фарзандони бандагони Ту сокин хоҳанд шуд,
ва зурьёти онҳо пеши Ту барқарор хоҳанд буд».
102ТАРОНАИ САДУ ДУЮМ
Мадҳ дар шаъни Худо барои марҳамат ва эҳсони Ӯ.
1 Таронаи Довуд.
Эй ҷонам, Худовандро муборак бихон,
ва эй тамоми ботинам — исми қуддуси Ӯро.
2 Эй ҷонам, Худовандро муборак бихон,
ва ҳамаи некиҳои Ӯро фаромӯш накун.
3 Ӯ ҳамаи гуноҳҳоятро меомурзад;
ҳамаи касалиҳоятро шифо мебахшад;
4 Ҳаётатро аз гӯр раҳо мекунад;
туро бо эҳсон ва марҳамат фаро мегирад;
5 Зеваратро аз зебоӣ сер мекунад;
ҷавоният ба мисоли уқоб нав мешавад.
6 Худованд адолатро ба амал меоварад,
ва додгариро барои ҳамаи ситамкашон.
7 Тариқҳои Худро ба Мусо маълум кард,
корҳои Худро ба банӣ‐Исроил.
8 Худованд раҳим ва бахшанда аст,
собир ва пур аз эҳсон.
9 Ба сурати абадӣ мазаммат намекунад,
ва қаҳрашро то абад нигоҳ намедорад.
10 Бо мо мувофиқи хатоҳоямон амал накардааст,
ва моро мувофиқи гуноҳҳоямон сазо надодааст.
11 Зеро, ба андозае ки осмон аз замин баланд аст,
эҳсони Ӯ бар тарсгоронаш ба ҳамон андоза бузург аст.
12 Ба андозае ки шарқ аз ғарб дур аст,
ҷиноятҳои моро ба ҳамон андоза аз мо дур кардааст.
13 Чунон ки падар ба фарзандон марҳамат мекунад,
ончунон Худованд ба тарсгорони Худ марҳамат менамояд.
14 Зеро ки Ӯ сиришти моро медонад:
дар хотир дорад, ки мо хок ҳастем.
15 Айёми инсон мисли алаф аст,
мисли гули саҳрост: ончунон мешукуфад,
16 Аммо боде бар он мевазад, ва он нест мешавад,
ва маконаш дигар онро намешиносад.
17 Валекин эҳсони Худованд бар тарсгоронаш
аз азал то абад аст,
ва адолати Ӯ бар фарзандони фарзандон,
18 Бар онҳое ки аҳди Ӯро нигоҳ медоранд
ва фармудҳои Ӯро дар хотир доранд,
то ки онҳоро ба ҷо оваранд.
19 Худованд бар осмон тахти Худро барқарор намудааст,
ва малакути Ӯ бар ҳама ҳукмфармост.
20 Худовандро муборак бихонед, эй фариштагони Ӯ,
ки дар қувват паҳлавон ҳастед,
каломи Ӯро ба ҷо меоваред,
ва овози каломи Ӯро мешунавед.
21 Худовандро муборак бихонед, эй ҳамаи лашкарҳои Ӯ,
ва эй хизматгузорони Ӯ, ки иродаи Ӯро ба ҷо меоваред.
22 Худовандро муборак бихонед, эй тамоми аъмоли Ӯ,
дар ҳамаи мақомҳои ҳукмфармоии Ӯ.
Эй ҷонам, Худовандро муборак бихон.
103ТАРОНАИ САДУ СЕЮМ
Мадҳ кардани Худованд,
ки Офаридагори ҷаҳон мебошад.
1 Эй ҷонам, Худовандро муборак бихон.
Худовандо, Худои ман! Бениҳоят бузург ҳастӣ;
шукӯҳ ва шавкат пероҳани Туст.
2 Нурро мисли ридое дар бар мекунӣ,
осмонро мисли саропардае паҳн менамоӣ.
3 Кӯшкҳои фалакии Худро бар обҳо месозӣ,
абрҳоро аробаи Худ мегардонӣ,
ки он бар болҳои бод ҳаракат мекунад.
4 Бодҳоро ба фариштагони Худ табдил медиҳӣ,
хизматгорони Худро ба оташи сӯзон.
5 Заминро бар асосҳояш барпо кардаӣ,
то абад фурӯ нахоҳад ғалтид.
6 Бо варта мисли либосе онро пӯшондаӣ;
бар кӯҳҳо обҳо меистад.
7 Аз итоби Ту мегурезанд,
аз овози раъди Ту ба зудӣ қафо мегарданд.
8 Кӯҳҳо боло мераванд, водиҳо поён мефуроянд,
ба мақоме ки барояшон буньёд кардаӣ.
9 Ҳадде гузоштаӣ, то ки аз он нагузаранд
ва баргашта, заминро напӯшонанд.
10 Чашмаҳоро ба наҳрҳо равона кардаӣ:
дар миёни кӯҳҳо ҷорӣ мешаванд,
11 Ҳамаи ҳайвонҳои саҳроро об медиҳанд;
гӯрхарон ташнагии худро мешикананд.
12 Бар онҳо мурғони ҳаво сокин мешаванд,
аз миёни навдаҳо овоз медиҳанд.
13 Кӯҳҳоро аз кӯшкҳои фалакии Худ сероб мегардонӣ;
аз самараи аъмоли Ту замин сер мешавад.
14 Алафро барои чорпо мерӯёнӣ,
ва сабзаро барои хизмати одамизод,
то ки аз замин нон ҳосил кунад,
15 Ва шароб, ки дили инсонро шод мегардонад,
ва равған, ки рухсори ӯ аз он медурахшад,
ва нон, ки дили инсонро қувват мебахшад.
16 Дарахтони Худованд шодоб мешаванд,
яъне арзҳои Лубнон, ки Ӯ шинондааст,
17 Ки бар онҳо мурғон лона месозанд:
сарвҳо хонаи лайлак аст;
18 Кӯҳҳои баланд барои бузҳои кӯҳист;
сахраҳо паноҳгоҳ аст барои заргӯшҳо.
19 Моҳро барои мӯҳлатҳо офаридааст;
офтоб ғуруби худро медонад.
20 Торикиро паҳн мекунӣ, ва шаб фаро мерасад;
дар он ҳамаи ҳайвонҳои ҷангал ҳаракат мекунанд;
21 Шерони ҷавон барои нахҷир наъра мезананд
ва хӯроки худро аз Худо металабанд.
22 Офтоб ки тулӯъ кард, ҷамъ мешаванд
ва дар лонаҳои худ мехобанд.
23 Одамизод барои фаъолияти худ берун меояд
ва то бегоҳӣ бо кори худ машғул мешавад.
24 Чӣ бисьёр аст аъмоли Ту, эй Худованд!
Ҳамаро аз рӯи ҳикмат ба вуҷуд овардаӣ;
замин аз офаридаҳои Ту пур аст.
25 Инак баҳри бузург ва паҳновар:
дар он ҷо хазандагон сону шумор надоранд,
ҷонварҳои хурд ва калон.
26 Дар он ҷо киштиҳо мегарданд;
ин аждар низ, ки офаридаӣ, то ки бо он бозӣ кунӣ.
27 Ҳамаашон аз Ту чашми интизор доранд,
то ки ризқи онҳоро дар вақташ бирасонӣ.
28 Он чи ба онҳо медиҳӣ, ҷамъ карда мегиранд;
дасти Худро мекушоӣ, аз нозу неъмат сер мешаванд.
29 Рӯи Худро пинҳон мекунӣ, ошуфта мешаванд;
рӯҳи онҳоро кашида мегирӣ,
мемиранд ва ба хоки худ бармегарданд.
30 Рӯҳи Худро мефиристӣ, ба вуҷуд меоянд,
ва рӯи заминро нав мегардонӣ.
31 Ҷалоли Худованд то абад аст;
Худованд аз аъмоли Худ шод хоҳад буд.
32 Ба замин назар меандозад, он ба ларза меояд;
ба кӯҳҳо даст мерасонад, онҳо дуд мекунанд.
33 Тамоми умри худ дар шаъни Худованд
суруд хоҳам хонд;
то даме ки вучуд дорам, Худои худро хоҳам сароид.
34 Бигзор гуфтори ман ба Ӯ хуш ояд;
ман дар Худованд шод хоҳам буд.
35 Бигзор хатокорон аз рӯи замин нест шаванд,
ва шарирон дигар боқӣ намонанд.
Эй ҷонам, Худовандро муборак бихон! Ҳалелуёҳ!+ 103:35 Ҳалелуёҳ — Худовандро мадҳ кунед.
104ТАРОНАИ САДУ ЧОРУМ
Баргузидагони Худо бояд ҳамеша Худоро ҷалол диҳанд ва аҳкоми Ӯро ба ҷо оваранд.
1 Худовандро ҳамд гӯед, исми Ӯро бихонед;
корномаҳои Ӯро дар байни қавмҳо шӯҳрат диҳед.
2 Дар шаъни Ӯ суруд хонед, Ӯро бисароед;
аз ҳамаи корҳои аҷоиби Ӯ сухан ронед.
3 Ба исми қуддуси Ӯ фахр кунед;
бигзор дили толибони Худованд шод бошад.
4 Худованд ва қуввати Ӯро ҷӯё шавед;
рӯи Ӯро ҳамеша толиб бошед.
5 Корҳои аҷоиберо, ки Ӯ кардааст, ба ёд оваред:
мӯъҷизоти Ӯро, ва довариҳои даҳони Ӯро,
6 Эй зурьёти бандаи Ӯ Иброҳим,
эй банӣ‐Яъқуб, ки баргузидагони Ӯ ҳастед.
7 Ӯ Худованд Худои мост;
довариҳои Ӯ дар тамоми замин аст.
8 Аҳди Худро то абад дар хотир дорад,
ва каломеро, ки ба ҳазор насл амр фармудааст,
9 Он аҳдеро, ки бо Иброҳим бастааст,
ва қасамеро, ки барои Исҳоқ ёд кардааст,
10 Ва онро барои Яъқуб ба ҳукми қонун даровардааст,
ва барои Исроил ба ҳукми аҳди абадӣ,
11 Яъне гуфтааст: «Замини Канъонро ба ту хоҳам дод,
то ки ҳиссаи мероси шумо шавад»;
12 Дар сурате ки онҳо ҳанӯз одамони башумор буданд;
хеле кам ва ғариб дар он ҷо буданд;
13 Ва аз халқе сӯи халқе овора шуда мегаштанд,
аз мамлакате сӯи қавми дигаре.
14 Нагузошт, ки касе онҳоро озор диҳад;
ва подшоҳонро аз барои онҳо танбеҳ кард:
15 «Ба масеҳони Ман даст нарасонед,
ва ба анбиёи Ман бадӣ накунед».
16 Ва қаҳтиро бар замин бихонд;
ҳамаи манбаъҳои нонро нобуд кард.
17 Пеш аз онҳо мардеро фиристод:
Юсуф ба ғуломӣ фурӯхта шуд.
18 Пойҳои ӯро бо завлона азият доданд;
оҳан бар ҷонаш омад,
19 То даме ки сухани ӯ ба амал омад:
Сухани Худованд ӯро покиза кард.
20 Подшоҳ кас фиристод ва бандҳои ӯро кушод;
ва ҳукмфармои қавмҳо ӯро озод кард.
21 Ӯро бар хонаи худ оғо таъин кард,
ва ҳукмфармо бар тамоми мулки худ,
22 То ки мирони ӯро ба салоҳдиди худ бандӣ кунад,
ва пирони ӯро ҳикмат омӯзад.
23 Ва Исроил ба Миср омад,
ва Яъқуб дар замини Ҳом ғурбатро ихтиёр кард.
24 Ва қавми Худро бағоят борвар кард,
ва онҳоро аз адуёнашон пурзӯртар гардонд.
25 Дили онҳоро чап кард,
то ки бо қавми Ӯ ба кин бошанд,
ва бар зидди бандагони Ӯ найрангҳо созанд.
26 Бандаи Худ Мусоро фиристод;
Ҳорунро низ, ки баргузида буд.
27 Суханони таъкиди Ӯро бо аломот ба онҳо пешниҳод карданд,
ва мӯъҷизотро дар замини Ҳом.
28 Зулмотро фиристод, ва торик шуд;
ва ба каломи Ӯ муқобилат накарданд.
29 Обҳои онҳоро ба хун табдил дод,
ва моҳиёни онҳоро миронид.
30 Замини онҳо аз ғукҳо пур шуд;
хонаҳои подшоҳонашон низ.
31 Гуфт, ва ҳашароти гуногун пайдо шуд,
шабушҳо низ дар тамоми ҳудуди онҳо.
32 Ба ҷои борон бар онҳо жола боронид,
ва оташи сӯзон бар замини онҳо.
33 Токҳо ва анҷирҳои онҳоро зад,
ва дарахтҳоро дар ҳудуди онҳо шикаст.
34 Гуфт, ва малах пайдо шуд,
ва кирмак, ки сону шумор надошт.
35 Ва тамоми сабзаро дар замини онҳо хӯрданд,
ва самараи саҳроҳои онҳоро хӯрданд.
36 Ва ҳар нахустзодаро дар замини онҳо зарба зад,
ибтидои тамоми қуввати онҳоро.
37 Ва онҳоро бо тилло ва нуқра берун овард,
ва дар сибтҳои Ӯ бемаҷоле набуд.
38 Миср аз баромада рафтани онҳо шод шуд,
зеро ки тарсашон онҳоро фаро гирифта буд.
39 Абре барои сояандозӣ паҳн кард,
ва оташе барои он ки шабона рӯшноӣ диҳад.
40 Талаб карданд, ва бедонаҳоро фиристод,
ва аз нони осмон онҳоро сер кард.
41 Кӯҳпораро шикоф кард, ва об ҷорӣ шуд,
дар ҷойҳои хушк мисли дарьё равон шуд.
42 Зеро ки каломи муқаддаси Худро ба ёд овард,
ва бандаи Худ Иброҳимро.
43 Ва қавми Худро бо шодӣ берун овард,
ва баргузидагони Худро бо тараннум.
44 Ва заминҳои халқҳоро ба онҳо дод,
ва меҳнати қабилаҳоро мерос гирифтанд,
45 То ки фароизи Ӯро нигоҳ доранд,
ва шариати Ӯро риоя кунанд. Ҳалелуёҳ!
105ТАРОНАИ САДУ ПАНҶУМ
Мадҳ дар шаъни марҳамати Худованд нисбат ба қавми гуноҳкор.
1 Ҳалелуёҳ. Худовандро ҳамд гӯед, зеро ки некӯст;
зеро ки эҳсони Ӯ то абад аст.
2 Кист, ки қудрати Худовандро тавсиф намуда тавонад,
тамоми ҳамду санои Ӯро бишнавонад?
3 Хушо касоне ки инсофро нигоҳ медоранд,
ва ҳар вақт адолатро ба амал меоваранд!
4 Маро ба ёд ор, эй Худованд,
вақте ки ба қавми Худ таваҷҷӯҳ менамоӣ;
бо наҷоти Худ ба ман назар кун,
5 То ки хушбахтии баргузидагони Туро бинам,
ба шодмонии халқи Ту шод шавам,
бо мероси Ту фахр кунам.
6 Бо падарони Худ хато кардаем,
гуноҳкор шудаем, ба шарорат дода шудаем.
7 Падарони мо дар Миср корҳои аҷоиби Туро нафаҳмиданд,
эҳсонҳои зиёди Туро ба ёд наоварданд,
ва назди баҳр, назди баҳри Қулзум, ошӯб андохтанд.
8 Валекин ба хотири исми Худ онҳоро наҷот дод,
то ки қудрати Худро маълум кунад.
9 Ва баҳри Қулзумро итоб намуд, ва он хушк шуд;
ва онҳоро дар вартаҳо,
мисли биёбон, гирифта бурд.
10 Ва онҳоро аз дасти бадхоҳ наҷот дод,
ва аз дасти душман раҳо кард.
11 Ва об адуёни онҳоро пӯшонд:
Як нафар ҳам аз онҳо боқӣ намонд.
12 Ва ба суханони Ӯ имон оварданд,
ҳамду санои Ӯро сароиданд.
13 Аммо ба зудӣ аъмоли Ӯро фаромӯш карданд,
машварати Ӯро нигарон нашуданд.
14 Ва дар бодия ба ҳавову ҳавас дода шуданд,
ва Худоро дар биёбон озмуданд.
15 Ва дархосташонро ба онҳо дод,
вале лоғарие бар ҷони онҳо фиристод.
16 Ва дар бошишгоҳ ба Мусо ҳасад бурданд,
ва ба Ҳоруни қуддуси Худованд.
17 Замин кафида, Дотонро фурӯ бурд,
ва тӯдаи Абиромро пӯшонд.
18 Ва дар ҷамоаи онҳо оташ даргирифта,
алангаи он шариронро сӯзонд.
19 Дар Ҳӯриб гӯсолае сохтанд,
ва ба он бут саҷда карданд.
20 Ва ҷалоли худро иваз карданд
ба сурати гове ки алаф мехӯрад.
21 Худои наҷотдиҳандаи худро фаромӯш карданд,
ки корҳои бузург дар Миср карда буд,
22 Корҳои аҷоиб дар замини Ҳом,
корҳои саҳмгин назди баҳри Қулзум.
23 Ва мехост онҳоро несту нобуд кунад,
агар баргузидаи Ӯ Мусо пеши Ӯ дар рахнагоҳ намеистод,
то ки ғазаби Ӯро аз ҳалокати онҳо баргардонад.
24 Ва аз замини дилпазир нафрат карданд:
ба каломи Ӯ имон наоварданд.
25 Ва дар хаймаҳои худ шиква мекарданд;
овози Худовандро намешуниданд.
26 Ва дасти Худро бар онҳо бардошт,
то ки онҳоро дар биёбон афтонад,
27 Ва зурьёташонро дар миёни халқҳо афтонад,
ва онҳоро дар заминҳо пароканда кунад.
28 Ба Баал‐Фаӯр+ 105:28 Баал‐Фаӯр — номи яке аз худоҳои Канъон, ки мардуми мавзеи Фаӯр парастишаш мекарданд. часпиданд,
ва қурбониҳои мурдагонро мехӯрданд.
29 Бо кирдорҳои худ ба хашм оварданд,
ва бар онҳо вабо омад.
30 Ва Финҳос бархоста, доварӣ кард,
ва он вабо аз байн рафт.
31 Ва ин барои ӯ адолат ҳисоб карда шуд,
аз насл ба насл то абад.
32 Ва назди оби Мерибо ба ғазаб оварданд,
ва Мусо аз боиси онҳо ҷазо дид;
33 Зеро ки рӯҳи ӯро ба ҳаяҷон оварданд,
ва бо лабонаш носазо гуфт.
34 Он қавмҳоро нест накарданд,
ки Худованд ба онҳо гуфта буд,
35 Балки бо халқҳо омехта,
аъмоли онҳоро ёд мегирифтанд.
36 Ва бутҳои онҳоро ибодат мекарданд,
ва онҳо барояшон доме буданд.
37 Ва писарони худ ва духтарони худро
барои девҳо қурбонӣ мекарданд;
38 Ва хуни бегуноҳро мерехтанд, яъне хуни
писарони худ ва духтарони худро,
ки барои бутҳои Канъон қурбонӣ мекарданд, —
ва замин аз хун наҷис шуд.
39 Ва бо аъмоли худ палид шуданд,
ва бо кирдорҳои худ зинокор гардиданд.
40 Ва ғазаби Худованд бар қавми Ӯ аланга зад,
ва аз мероси Худ нафрат кард,
41 Ва онҳоро ба дасти халқҳо супурд,
ва бадхоҳонашон бар онҳо ҳукмфармо шуданд.
42 Ва душманонашон онҳоро ба танг меоварданд,
ва зери дасти онҳо гардан мефуроварданд.
43 Чандин бор онҳоро раҳо кард,
вале онҳо бо худсарии худ ошӯб меандохтанд,
ва аз гуноҳи худ ба залолат меафтоданд.
44 Валекин дар тангии онҳо назар кард,
вақте ки тазаррӯи онҳоро шунид,
45 Ва аҳди Худро барои онҳо ба ёд овард,
ва аз рӯи эҳсонҳои зиёди Худ таассуф хӯрд,
46 Ва онҳоро пеши ҳамаи асиркунандагонашон марҳамат намуд.
47 Моро наҷот деҳ, эй Худованд Худои мо,
ва моро аз миёни халқҳо ҷамъ овар,
то ки исми қуддуси Туро ҳамд гӯем,
бо ҳамду санои Ту фахр намоем.
48 Муборак аст Худованд Худои Исроил аз азал то абад!
Ва тамоми қавм бигӯянд: «Омин». Ҳалелуёҳ!
106ТАРОНАИ САДУ ШАШУМ
Ҳамд дар шаъни Худованд барои наҷот додани гуноҳкороне ки тавба кардаанд.
1 Худовандро ҳамд гӯед, зеро ки некӯст;
зеро ки эҳсони Ӯ то абад аст.
2 Растагорони Худованд бигӯянд,
ки онҳоро Ӯ аз дасти аду раҳо кардааст;
3 Ва онҳоро аз мамлакатҳо ҷамъ овардааст:
аз шарқ ва ғарб, аз шимол ва ҷануб.
4 Дар биёбон, дар роҳи бероҳа овора буданд;
шаҳри маскуне намеёфтанд.
5 Гурусна ва ташна монданд,
ҷонашон андарунашон аз ҳол рафт.
6 Вале дар тангии худ сӯи Худованд фарьёд кашиданд;
онҳоро аз мусибатҳошон раҳо кард.
7 Ва онҳоро ба роҳи рост андохт,
то ки ба шаҳри маскун равона шаванд.
8 Бигзор Худовандро барои эҳсони Ӯ ҳамд гӯянд,
ва барои корҳои аҷоиби Ӯ аз баҳри банӣ‐одам!
9 Зеро ки ҷони иштиёқмандро сер кардааст,
ва ҷони гуруснаро аз нозу неъмат пур кардааст.
10 Дар торикӣ ва зулмот менишастанд;
бандиёни мусибат ва оҳан буданд.
11 Зеро ки ба суханони Худо беитоатӣ карданд,
ва раъи Ҳаққи Таолоро хор диданд.
12 Ва дили онҳоро бо меҳнат фурӯ нишонд;
бемаҷол шуданд, ва мададгоре набуд.
13 Вале дар тангии худ сӯи Худованд фиғон карданд;
онҳоро аз мусибатҳошон наҷот дод.
14 Онҳоро аз торикӣ ва зулмот берун овард,
ва бандҳошонро барканд.
15 Бигзор Худовандро барои эҳсони Ӯ ҳамд гӯянд,
ва барои корҳои аҷоиби Ӯ аз баҳри банӣ‐одам!
16 Зеро ки дарҳои мисинро шикастааст,
ва ғалақаҳои оҳанинро пора кардааст.
17 Беақлон аз боиси роҳи ҷинояткоронаи худ
ва аз боиси гуноҳҳои худ азият мекашиданд.
18 Ҷони онҳо аз ҳар хӯрок нафрат дошт,
ва ба дарвозаи мамот расида буданд.
19 Вале дар тангии худ сӯи Худованд фиғон карданд;
онҳоро аз мусибатҳошон наҷот дод.
20 Каломи Худро фиристод, ва онҳоро шифо бахшид,
ва онҳоро аз гӯрҳошон халос кард.
21 Бигзор Худовандро барои эҳсони Ӯ ҳамд гӯянд,
ва барои корҳои аҷоиби Ӯ аз баҳри банӣ‐одам!
22 Ва қурбониҳои шукрона забҳ кунанд,
ва аъмоли Ӯро бо тараннум васф намоянд!
23 Касоне ки бо киштиҳо баҳр мепаймоянд
ва дар обҳои бисьёр кор мекунанд,
24 Онҳо аъмоли Худовандро диданд,
ва корҳои аҷоиби Ӯро дар қаърҳо:
25 Амр фармуд, ва боди тунде бархезонд,
ва мавҷҳои онро бардошт.
26 Ба осмонҳо мебароварданд, ба вартаҳо мефуроварданд;
ҷонашон дар мусибат ба ларза афтод.
27 Мисли мастон чарх мезаданд ва мекалавиданд,
ва тамоми ҳикматашон саргум шуд.
28 Вале дар тангии худ сӯи Худованд фарьёд кашиданд;
ва онҳоро аз мусибатҳошон берун овард.
29 Тундбодро ба хомӯшӣ мубаддал кард,
ва мавҷҳои онҳо сокит шуд.
30 Ва шод шуданд, ки хомӯш гардид;
ва онҳоро ба мавзеи дилхоҳашон бурда расонд.
31 Бигзор Худовандро барои эҳсони Ӯ ҳамд гӯянд,
ва барои корҳои аҷоиби Ӯ аз баҳри банӣ‐одам!
32 Ва Ӯро дар ҷамъомади қавм болобардор кунанд,
ва дар маҷлиси пирон Ӯро мадҳ намоянд!
33 Дарьёҳоро ба биёбон табдил медиҳад,
ва чашмаҳои обро ба ташназамин,
34 Замини ҳосилхезро ба шӯрзамин,
аз боиси бадии сокинони он.
35 Биёбонро ба кӯли об табдил медиҳад,
ва замини хушкидаро ба чашмаҳои об.
36 Ва гуруснагонро дар он ҷо ҷойгир мекунад,
ва шаҳри маскун месозанд;
37 Ва саҳроҳоро кишт мекунанд, ва токзорҳо мешинонанд,
ва онҳо ҳосили фаровон меоваранд.
38 Ва онҳоро баракат медиҳад, ва онҳо бағоят борвар мешаванд;
ва чорпои онҳоро кам намекунад.
39 Вале камшумор мешаванд ва аз фишори бадӣ
ва ғаму ғусса ба залолат меафтанд.
40 Забуниро бар мирон мерезад,
ва онҳоро дар бодияи бероҳа сарсону саргардон мекунад.
41 Валекин мискинро аз залолат боло мебардорад;
ва хонаводаҳоро мисли рамаи гӯсфандон сершумор мегардонад.
42 Росткорон инро дида, шод мешаванд;
ва ҳамаи ноинсофон даҳони худро мебанданд.
43 Касе ки соҳиби ҳикмат аст, ба ин чизҳо диққат медиҳад;
ва эҳсонҳои Худовандро хоҳанд фаҳмид.
107ТАРОНАИ САДУ ҲАФТУМ
Суруд дар шаъни Худо барои наҷот додани баргузидагон ва хоку туроб кардани душманон.
1 Суруд. Таронаи Довуд.
2 Дилам қавист, эй Худо;
суруд хоҳам хонд ва хоҳам сароид; рӯҳам низ.
3 Эй уд ва барбат, бедор шав!
Ман субҳидамро бедор хоҳам кард.
4 Туро, эй Худованд, дар миёни қавмҳо ҳамд хоҳам гуфт:
ва Туро дар миёни қабилаҳо хоҳам сароид.
5 Зеро ки эҳсони Ту бузург аст фавқи осмонҳо,
ва ростии Ту то афлок аст.
6 Бар осмонҳо баланд шав, эй Худо,
ва ҷалоли Ту бар тамоми замин бод.
7 Барои он ки дӯстони Ту халосӣ ёбанд,
бо ямини Худ наҷот деҳ, ва маро иҷобат намо.
8 Худо дар қудси Худ гуфтааст:
«Хурсанд хоҳам шуд, Шакемро тақсим хоҳам кард,
ва водии Суккӯтро чен хоҳам намуд.
9 Ҷилъод аз они Ман аст, Менашше аз они Ман;
ва Эфроим хӯди Ман аст, Яҳудо чӯбдасти салтанати Ман;
10 Мӯоб тоси шустушӯи Ман аст;
бар Адӯм кафши Худро хоҳам партофт;
бар замини Фалиштӣ фарьёд хоҳам зад».
11 Кист, ки маро ба шаҳри қалъадор дарорад?
Кист, ки маро ба Адӯм ҳидоят намояд?
12 Оё на Ту, эй Худо, моро партофтаӣ,
ва бо лашкарҳои мо, эй Худо, берун намеоӣ?
13 Ба мо аз дасти аду ёварӣ намо,
зеро ки мадади одамизод ҳеҷ аст.
14 Бо Худо зафар хоҳем ёфт,
ва Ӯ адуёни моро хоку туроб хоҳад кард.
108ТАРОНАИ САДУ ҲАШТУМ
Дуои шахси гирифтори таъқибот дар бораи наҷот додан аз душманон.
1 Барои сардори муғанниён. Таронаи Довуд.
Эй Худои ҳамду санои ман, хомӯш набош!
2 Зеро ки даҳони шарорат ва даҳони макрро
бар ман кушодаанд:
бо забони кизб ба ман сухан меронанд;
3 Ва бо суханони адоват маро иҳота менамоянд,
ва бесабаб бо ман ҷанг мекунанд;
4 Ба ивази муҳаббати ман маро таъқиб менамоянд,
валекин ман дуогӯй;
5 Ба ивази некӣ ба ман бадӣ мекунанд,
ва ба ивази муҳаббати ман — адоват.
6 Шариреро бар ӯ таъин намо,
ва бигзор иблис ба ямини ӯ биистад.
7 Вақте ки ӯ ба мурофиа меояд, бигзор айбдор
шуда барояд,
ва дуои ӯ барои ӯ гуноҳ ҳисоб ёбад;
8 Умри ӯ кӯтоҳ шавад; ҷоҳу ҷалоли ӯро дигаре бигирад;
9 Фарзандони ӯ ятим монанд, ва занаш бева шавад;
10 Ва фарзандони ӯ дарбадар гашта, гадоӣ кунанд,
ва аз харобазори худ дур афтода, мадад пурсанд;
11 Қарзхоҳ тамоми молу мулки ӯро забт кунад,
ва бегонаҳо меҳнати ӯро толону тороҷ намоянд;
12 Касе набошад, ки ба ӯ эҳсон кунад,
ва касе набошад, ки ба ятимони ӯ раҳм намояд;
13 Зурьёти ӯ гирифтори ҳалокат гарданд:
дар насли дигар номашон маҳв шавад;
14 Гуноҳи падарони ӯ назди Худованд зикр ёбад,
ва хатои модари ӯ аз хотир наравад;
15 Дар мадди назари Худованд ҳамеша бошанд,
ва Ӯ зикри онҳоро аз замин нест кунад,
16 Аз барои он ки ӯ эҳсон карданро дар ёд надошт,
балки одами мискин ва камбағал
ва дилрешро таъқиб мекард, то ки ба мурдан расонад.
17 Ва лаънатро дӯст медошт, ва он ба сари ӯ омад;
ва баракатро хоҳон набуд, ва он аз ӯ дур шуд.
18 Ва лаънатро мисли либоси худ дар бар кард,
ва он мисли об андаруни ӯ дохил шуд,
ва мисли равған дар устухонҳои ӯ.
19 Пас бигзор он барои ӯ мисли ҷомае бошад,
ки ӯ пӯшида мегардад,
ва мисли миёнбанде ки бо он ҳамеша камар мебандад.
20 Чунин аст подош аз ҷониби Худованд барои адуёнам,
ва барои онҳое ки бар чонам бадгӯӣ мекунанд!
21 Валекин Ту, эй Худованд Худо, ба хотири исми Худ бо ман амал намо,
зеро ки эҳсони Ту некӯст; маро раҳоӣ деҳ.
22 Зеро ки ман мискин ва камбағал ҳастам,
ва дилам андаруни ман реш‐реш аст.
23 Мисли сояи шомгоҳ ба боди фано меравам;
мисли малах ронда мешавам.
24 Зонуҳоям аз рӯзадорӣ бемаҷол гардидааст,
ва ҷисмам бе равған монда, лоғар шудааст.
25 Ва ман назди онҳо нангин шудаам:
маро дида, сари худро меҷунбонанд.
26 Маро мададгор бош, эй Худованд Худои ман!
Бо эҳсони Худ маро наҷот деҳ,
27 То бидонанд, ки ин дасти Туст,
ва Ту, эй Худованд, инро кардаӣ.
28 Онҳо лаънат мехонанд, вале Ту баракат деҳ;
бигзор онҳо қиём карда, шарманда шаванд,
вале бандаи Ту шод гардад.
29 Адуёнам либоси расвоӣ дар бар кунанд,
ва шармандагии худро мисли ҷомае бипӯшанд.
30 Худовандро бо забони худ бағоят ҳамд хоҳам гуфт,
ва дар миёни мардуми бисьёр Ӯро мадҳ хоҳам кард.
31 Зеро ки ба ямини мискин меистад,
то ӯро аз онҳое ки ҷонашро маҳкум кардан мехоҳанд, наҷот диҳад.
109ТАРОНАИ САДУ НӮҲУМ
Нубувват дар бораи ҷалол ёфтани Писари Худо.
1 Таронаи Довуд.
Худованд ба Худованди ман гуфт:
«Ба ямини Ман бинишин,
то душманони Туро зери пои Ту андозам».
2 Асои қуввати Туро Худованд аз Сион хоҳад фиристод;
дар миёни душманони Худ хукмронӣ намо.
3 Қавми Ту дар рӯзи қуввати Ту ба ихтиёр
ҳозир шуданд, дар сару либоси қудсият;
аз батни субҳидам шабнами ҷавонии Ту барои Туст.
4 Худованд қасам хӯрдааст, ва таассуф нахоҳад хӯрд:
Ту коҳин ҳастӣ то абад, ба монанди Малкисодақ.
5 Худованд ба ямини Туст.
Дар рӯзи ғазаби Худ подшоҳонро шикаст хоҳад дод,
6 Бар халқҳо доварӣ хоҳад намуд, —
аз ҷасадҳои мурда пур хоҳад кард;
сарро дар замини паҳновар хоҳад кӯфт;
7 Аз наҳри сари роҳ хоҳад нӯшид,
бинобар ин сар хоҳад бардошт.
110ТАРОНАИ САДУ ДАҲУМ
Ҳамду сано барои наҷот додани баргузидагоне ки аҳкоми Худоро ба ҷо меоваранд.
1 Ҳалелуёҳ.
Худовандро бо тамоми дил ҳамд хоҳам гуфт
дар шӯрои росткорон ва дар ҷамоат.
2 Аъмоли Худованд бузург аст;
матлуб аст барои ҳамаи шавқмандони он.
3 Кори Ӯ шукӯҳ ва шавкат аст;
ва адолати Ӯ то абад қоим аст.
4 Корҳои аҷоиби Худро василаи зикр гардондааст;
Худованд бахшанда ва раҳим аст.
5 Ба тарсгорони Худ ризқу рӯзӣ додааст;
аҳди Худро ба сурати абадӣ дар хотир дорад.
6 Куввати аъмоли Худро ба қавми Худ зоҳир сохт,
то ки мероси халқҳоро ба онҳо бидиҳад.
7 Аъмоли дастҳои Ӯ ростӣ ва инсоф аст;
ҳамаи фармудҳои Ӯ боэътимод аст:
8 То абад матин аст; бар ростӣ ва росткорӣ асос ёфтааст.
9 Раҳоӣ барои қавми Худ фиристод,
аҳди Худро ба сурати абадӣ амр фармуд;
исми Ӯ қуддус ва саҳмгин аст!
10 Тарси Худованд ибтидои ҳикмат аст,
хиради некӯст барои ҳар касе ки онҳоро
ба ҷо меоварад;
ҳамду санои Ӯ то абад қоим аст.
111ТАРОНАИ САДУ ЁЗДАҲУМ
Ваъдаи хушбахтӣ ба тарсгорони Худованд.
1 Ҳалелуёҳ.
Хушо касе ки аз Худованд метарсад;
ба аҳкоми Ӯ бисьёр шавқ дорад.
2 Зурьёти ӯ дар замин зӯровар хоҳанд буд;
насли росткорон баракат хоҳанд ёфт.
3 Фаровонӣ ва сарват дар хонаи ӯст;
ва адолати ӯ то абад қоим аст.
4 Дар торикӣ барои росткорон нур тулӯъ мекунад;
бахшанда ва раҳим ва одил аст.
5 Некӯст касе ки мебахшад ва қарз медиҳад;
корҳои худро аз рӯи инсоф мураттаб менамояд.
6 Зеро ки ҳаргиз фурӯ нахоҳад ғалтид:
одил то абад зикр хоҳад ёфт.
7 Аз овозаи бад наметарсад;
дилаш қавист, ба Худованд таваккал мекунад.
8 Дилаш матин аст, наметарсад;
то даме ки нокомии адуёнашро бубинад.
9 Исроф намудааст: ба мискинон тақсим карда додааст;
адолаташ то абад қоим аст;
шохаш дар ҷалол баланд хоҳад шуд.
10 Шарир инро дида, ба хашм хоҳад омад,
дандонҳояшро ғиҷиррос занонда, сӯзу гудоз хоҳад кард;
орзуи шарирон нест хоҳад шуд.
112ТАРОНАИ САДУ ДУВОЗДАҲУМ
Исми Худованд муборак бод.
1 Ҳалелуёҳ.
Эй бандагони Худованд, мадҳ кунед!
Исми Худовандро мадҳ кунед!
2 Исми Худованд муборак бод, аз ҳоло ва то абад!
3 Аз тулӯи офтоб то ғуруби он
исми Худованд мамдӯҳ аст.
4 Худованд бар ҳамаи халқҳо баланд аст;
ҷалоли Ӯ бар осмонҳост.
5 Кист монанди Худованд Худои мо,
ки бар афрозҳо нишаста,
6 Хам мешавад, то ки бар осмон ва бар замин назар кунад?
7 Бенаворо аз хок мебардорад,
мискинро аз ахлот баланд мекунад,
8 То ки бо мирон шинонад, бо мирони қавми Худ.
9 Зани нозойро дар хона мешинонад ҳамчун модаре ки аз фарзандонаш шодмон аст. Ҳалелуёҳ!
113ТАРОНАИ САДУ СЕЗДАҲУМ
Ҳамд ва шукрона дар шаъни Худо.
1 Вақте ки Исроил аз Миср берун омад,
ва хонадони Яъқуб аз қавми бегоназабон,
2 Яҳудо қудси Ӯ буд, Исроил — ҳокимияти Ӯ.
3 Баҳр инро дида, гурехт; Урдун қафо гашт.
4 Кӯҳҳо мисли қӯчқорон ҷастухез карданд,
ва талҳо — мисли барраҳо.
5 Туро чӣ шуд, эй баҳр, ки гурехтӣ?
Ва эй Урдун, ки қафо гаштӣ?
6 Ва эй кӯҳҳо, ки мисли қӯчқорон ҷастухез кардед,
ва эй талҳо, ки мисли барраҳо?
7 Аз ҳузури Худованд ба ларзиш ой, эй замин!
Аз ҳузури Худои Яъқуб,
8 Ки кӯҳпораро ба кӯли об табдил медиҳад,
ва санги хороро ба чашмаи об.
9 На моро, эй Худованд, на моро,
балки исми Худро ҷалол деҳ;
ба хотири эҳсони Худ, ба хотири ростии Худ.
10 Чаро халқҳо гӯянд: «Худои онҳо куҷост?»
11 Валекин Худои мо дар осмон аст;
ҳар чӣ хоҳад, ба амал меоварад.
12 Бутҳои онҳо нуқра ва тиллост, амали дастҳои одамизод.
13 Онҳо даҳон доранд, вале ҳарф намезананд;
чашм доранд, вале намебинанд;
14 Гӯш доранд, вале намешунаванд;
бинӣ доранд, вале намебӯянд;
15 Даст доранд, вале ламс намекунанд,
по доранд, вале роҳ намераванд;
аз гулӯи худ садое намебароранд.
16 Созандагонашон мисли онҳо хоҳанд буд,
ва ҳар касе ки ба онҳо таваккал мекунад.
17 Эй Исроил! Ба Худованд таваккал кунед;
мададгори онҳо ва сипари онҳо Ӯст.
18 Эй хонадони Ҳорун! Ба Худованд таваккал кунед;
мададгори онҳо ва сипари онҳо Ӯст.
19 Эй тарсгорони Худованд!
Ба Худованд таваккал кунед;
мададгори онҳо ва сипари онҳо Ӯст.
20 Худованд моро ба ёд оварда, баракат хоҳад дод;
хонадони Исроилро баракат хоҳад дод;
хонадони Ҳорунро баракат хоҳад дод;
21 Тарсгорони Худовандро баракат хоҳад дод;
хурдонро бо бузургон.
22 Худованд шуморо афзун хоҳад кард;
шумо ва фарзандони шуморо.
23 Шумо мубораки Худованд ҳастед,
ки Ӯ осмон ва заминро офаридааст.
24 Осмон осмони Худованд аст,
валекин заминро ба банӣ‐одам додааст.
25 На мурдагон Худовандро мадҳ мекунанд,
ва на ҳамаи фурӯравандагони гӯр.
26 Вале мо Худовандро муборак хоҳем хонд,
аз ҳоло ва то абад.
Ҳалелуёҳ!
114ТАРОНАИ САДУ ЧОРДАҲУМ
Шодмонӣ дар бораи наҷот.
1 Худовандро дӯст медорам,
зеро ки овози маро, зориҳои маро мешунавад;
2 Зеро ки гӯши Худро сӯи ман хам намудааст,
бинобар ин тамоми умри худ Ӯро хоҳам хонд.
3 Камандҳои мамот маро фаро гирифт
ва азобҳои гӯр маро дарьёфт;
ба тангӣ ва ғаму ғусса дучор шудам.
4 Он гоҳ исми Худовандро хондам:
«Лутфан, эй Худованд, ҷонамро бираҳон».
5 Худованд бахшанда ва одил аст;
ва Худои мо раҳмон аст.
6 Худованд соддадилонро нигоҳдорӣ мекунад:
ранҷур будам, ва маро наҷот дод.
7 Эй ҷонам, ба оромии худ баргард,
зеро ки Худованд ба ту таваҷҷӯҳ намудааст.
8 Зеро ки ҷонамро аз мамот халосӣ додаӣ,
чашмамро аз ашк, поямро аз лағҷидан.
9 Пеши Худованд дар замини зиндаҳо роҳ хоҳам рафт.
115ТАРОНАИ САДУ ПОНЗДАҲУМ
Мамоти порсоён дар назари Худованд гарон аст.
1 Имон доштам, бинобар ин мегуфтам:
«Ман бағоят уқубат кашидаам».
2 Ман дар маъюсии худ мегуфтам:
«Ҳар одам козиб аст».
3 Ба Худованд чӣ подош диҳам
барои ҳамаи некиҳое ки ба ман кардааст?
4 Косаи наҷотро хоҳам бардошт,
ва исми Худовандро хоҳам хонд.
5 Назрҳоямро ба Худованд адо хоҳам кард,
пеши тамоми қавми Ӯ.
6 Мамоти порсоёни Худованд дар назари Ӯ гарон аст.
7 Лутфан, эй Худованд, ман бандаи Ту ҳастам;
ман бандаи Ту ва писари канизи Ту ҳастам;
бандҳои маро кушодаӣ.
8 Барои Ту қурбонии шукронаро забҳ хоҳам кард,
ва исми Худовандро хоҳам хонд.
9 Назрҳоямро ба Худованд адо хоҳам кард,
пеши тамоми қавми Ӯ,
10 Дар саҳнҳои хонаи Худованд;
андаруни ту, эй Ерусалим! Ҳалелуёҳ!
116ТАРОНАИ САДУ ШОНЗДАҲУМ
Эҳсони бузурги Худованд ба одамон.
1 Худовандро мадҳ кунед, эй ҳамаи халқҳо!
Ӯро ситоиш намоед, эй ҳамаи умматҳо!
2 Зеро ки эҳсони Ӯ бар мо ғолиб омадааст;
ва ростии Худованд то абад аст.
Ҳалелуёҳ!
117ТАРОНАИ САДУ ҲАФДАҲУМ
Ҳамду санои одилон дар шаъни Худованд.
1 Худовандро ҳамд гӯед, зеро ки некӯст;
зеро ки эҳсони Ӯ то абад аст.
2 Исроил бигӯянд: «Зеро ки эҳсони Ӯ то абад аст!»
3 Хонадони Ҳорун бигӯянд:
«Зеро ки эҳсони Ӯ то абад аст!»
4 Тарсгорони Худованд бигӯянд:
«Зеро ки эҳсони Ӯ то абад аст!»
5 Аз тангӣ Худовандро хондам;
Худованд маро дар вусъатобод иҷобат намуд.
6 Худованд бо ман аст, нахоҳам тарсид:
одамизод ба ман чӣ метавонад бикунад?
7 Худованд мададгори ман аст,
ва ман нокомии бадхоҳони худро хоҳам дид.
8 Паноҳ бурдан ба Худованд беҳ аст
аз таваккал кардан ба одамизод.
9 Паноҳ бурдан ба Худованд беҳ аст
аз таваккал кардан ба мирон.
10 Ҳамаи халқҳо маро иҳота кардаанд; —
ба исми Худованд онҳоро албатта нест хоҳам кард.
11 Даври маро гирифтаанд ва маро иҳота кардаанд; —
ба исми Худованд онҳоро албатта нест хоҳам кард.
12 Мисли занбӯрҳо даври маро гирифтаанд,
мисли оташи хорзор хомӯш шудаанд; —
ба исми Худованд онҳоро албатта нест хоҳам кард.
13 Маро сахт тела додӣ, то ки афтам,
вале Худованд ба ман мадад расонд.
14 Худованд қуввати ман ва суруди ман аст,
ва наҷоти ман шудааст.
15 Овози тараннум ва наҷот дар хаймаҳои одилон аст;
ямини Худованд бо қудрат амал мекунад.
16 Ямини Худованд баланд мебардорад;
ямини Худованд бо қудрат амал мекунад.
17 Нахоҳам мурд, балки зиндагӣ хоҳам кард,
ва аъмоли Худовандро эълон хоҳам намуд.
18 Худованд маро сахт ҷазо дод,
валекин маро ба мурдан нарасонд.
19 Дарвозаҳои адолатро барои ман воз кунед;
ба онҳо даромада, Худовандро ҳамд хоҳам гуфт.
20 Инак дарвозаи Худованд;
одилон ба он дохил хоҳанд шуд.
21 Туро ҳамд мегӯям,
зеро ки маро иҷобат намудаӣ ва наҷоти ман шудаӣ.
22 Санге ки меъморон рад карданд,
санги сари гӯшаи бино гардид:
23 Ин аз ҷониби Худованд шуд,
ва дар назари мо ҳайратангез аст.
24 Ҳамин рӯзро Худованд ба амал овард:
дар он ба ваҷд омада, шодӣ хоҳем кард.
25 Лутфан, эй Худованд, наҷот деҳ!
Лутфан, эй Худованд, комьёб соз!
26 Муборак аст Он ки ба исми Худованд меояд!
Шуморо аз хонаи Худованд баракат мехоҳем.
27 Худованд Худост, ки моро нур бахшидааст;
қурбониро бо танобҳо баста, то бурҷҳои қурбонгоҳ баред.
28 Ту Худои ман ҳастӣ, ва Туро ҳамд мегӯям;
эй Худои ман, Туро болобардор менамоям.
29 Худовандро ҳамд гӯед, зеро ки некӯст;
зеро ки эҳсони Ӯ то абад аст.
118ТАРОНАИ САДУ ҲАЖДАҲУМ
Қуввати мӯъҷизаосои каломи Худо.
1 Хушо касони ростроҳ,
ки мувофиқи шариати Худованд рафтор мекунанд.
2 Хушо онҳое ки шаҳодоти Ӯро риоя мекунанд,
бо тамоми дил толиби Ӯ мебошанд.
3 Ноинсофӣ низ намекунанд, бо роҳҳои Ӯ мераванд.
4 Ту фармудҳои Худро амр кардӣ,
то ки онҳоро пурра ба ҷо оварем.
5 Кошки роҳҳои ман дуруст мебуд,
то ки фароизи Туро нигоҳ дорам!
6 Он гоҳ хиҷил нахоҳам шуд,
вақте ки ба тамоми аҳкоми Ту назар андозам.
7 Туро бо ростии дил ҳамд хоҳам гуфт,
вақте ки довариҳои одилонаи Туро таълим гирам.
8 Фароизи Туро нигоҳ хоҳам дошт;
маро тамоман тарк накун.
9 Ба чӣ васила ҷавон роҳи худро покиза медорад?
Бо нигоҳ доштани худ мувофиқи каломи Ту.
10 Бо тамоми дили худ толиби Ту шудаам;
маро нагузор, ки саҳв карда, аз аҳкоми Ту сар тобам.
11 Сухани Туро дар дили худ ниҳон доштаам,
то ки пеши Ту хато накунам.
12 Эй Худованд, Ту муборак ҳастӣ!
Фароизи Худро ба ман таълим деҳ.
13 Ҳамаи довариҳои даҳони Туро
бо лабҳои худ баён кардаам.
14 Дар роҳи шаҳодоти Ту хурсандам,
чунон ки дар сарвати беҳтарин.
15 Дар бораи фармудҳои Ту фикру хаёл мекунам,
ва ба роҳҳои Ту назар меандозам.
16 Аз фароизи Ту ҳаловат мебарам;
каломи Туро фаромӯш нахоҳам кард.
17 Ба бандаи Худ таваҷҷӯҳ намо,
то ки зинда монам ва каломи Туро нигоҳдорӣ кунам.
18 Чашмони маро воз кун,
то ки аз Тавроти Ту корҳои аҷоибро бубинам.
19 Ман дар замин ғариб ҳастам;
аҳкоми Худро аз ман пинҳон надор.
20 Ҷонам ба лаб омадааст аз орзуи он ки
довариҳои Туро дар ҳар вақт бидонад.
21 Бадқасдони малъунро,
ки аз аҳкоми Ту сар метобанд, итоб намудаӣ.
22 Маломат ва тамасхурро аз ман дафъ кун,
зеро ки шаҳодоти Туро риоя намудаам.
23 Мирон низ нишаста, ба муқобили ман сухан меронанд;
аммо бандаи Ту дар бораи фароизи Ту
фикру хаёл мекунад.
24 Шаҳодоти Ту низ ҳаловати ман аст,
машваратчиёни ман аст.
25 Ҷонам ба хок яксон шудааст;
аз рӯи каломи Худ маро зинда гардон.
26 Роҳҳои худро баён кардаам, ва маро иҷобат намудаӣ;
фароизи Худро ба ман таълим деҳ.
27 Тариқи фармудҳои Худро ба ман бифаҳмон,
то ки дар бораи корҳои аҷоиби Ту фикру хаёл кунам.
28 Ҷонам аз андӯҳ об шудааст;
аз рӯи каломи Худ маро қоим гардон.
29 Роҳи кизбро аз ман дур кун,
ва шариати Худро ба ман ато фармо.
30 Тариқи ростиро баргузидаам;
довариҳои Туро пеши назари худ мебинам.
31 Ба шаҳодоти Ту часпидаам;
Худовандо, маро хиҷил накун.
32 Бо роҳи аҳкоми Ту хоҳам давид,
зеро ки диламро фараҳ хоҳӣ бахшид.
33 Тариқи фароизи Худро, эй Худованд,
ба ман нишон деҳ, то ки онро то ба охир пайравӣ намоям.
34 Маро фаҳм бибахш, то ки шариати Туро
пайравӣ намоям,
ва онро бо тамоми дил нигоҳдорӣ кунам.
35 Маро ба роҳи аҳкоми Худ ҳидоят намо,
зеро ки онро хостаам.
36 Диламро ба шаҳодоти Худ моил гардон,
ва на ба тамаъкорӣ.
37 Чашмонамро аз дидани чизҳои ҳеҷу пуч пешгирӣ намо;
дар тариқи Худ маро зинда гардон.
38 Сухани Худро бо бандаи Худ,
ки ба тарси Ту дода шудааст, иҷро намо.
39 Маломати маро, ки аз он метарсам, пешгирӣ намо,
зеро ки довариҳои Ту некӯст.
40 Инак, фармудҳои Туро орзумандам;
аз рӯи адолати Худ маро зинда гардон.
41 Бигзор эҳсонҳои Ту, эй Худованд, бар ман биёяд,
ва наҷоти Ту мувофиқи сухани Ту,
42 То ки ба ҷавоби бадгӯи худ чизе гуфта тавонам,
зеро ки ба каломи Ту таваккал кардаам.
43 Ва каломи ростиро аз даҳонам тамоман нагир;
зеро ки ба довариҳои Ту умед бастаам;
44 Ва шариати Туро ҳамеша
нигоҳдорӣ хоҳам кард то абад.
45 Дар вусъатобод роҳ хоҳам рафт,
зеро ки фармудҳои Туро ҷӯё шудаам.
46 Дар бораи шаҳодоти Ту пеши подшоҳон
сухан хоҳам ронд, ва ор нахоҳам дошт.
47 Ва аз аҳкоми Ту, ки дӯст медорам,
ҳаловат хоҳам бурд.
48 Ва кафҳои худро сӯи аҳкоми Ту,
ки дӯст медорам, хоҳам бардошт,
ва дар бораи фароизи Ту фикру хаёл хоҳам кард.
49 Каломи Худро бо бандаи Худ ба ёд ор,
ки ба василаи он маро умед бахшидаӣ.
50 Ин дар мусибатам тасаллои ман аст,
зеро ки сухани Ту маро зинда гардонд.
51 Бадқасдон маро бисьёр тамасхур карданд;
бо вуҷуди он аз шариати Ту сар натофтам.
52 Довариҳои қадимии Туро, эй Худованд,
ба ёд меовардам, ва тасаллӣ меёфтам.
53 Оташинӣ маро дар бар мегирад аз шарироне
ки шариати Туро тарк кардаанд.
54 Фароизи Ту сурудҳои ман буд дар ғарибистони ман.
55 Шабона исми Туро, эй Худованд, ба ёд меовардам,
ва шариати Туро нигоҳдорӣ мекардам.
56 Он аз они ман гардидааст,
зеро ки фармудҳои Туро риоя намудаам.
57 Худованд насибаи ман аст;
гуфтам, ки каломи Туро нигоҳдорӣ кунам.
58 Марҳамати Туро бо тамоми дил илтиҷо кардаам:
мувофиқи сухани Худ ба ман марҳамат намо.
59 Роҳҳоямро андешидаам,
ва пойҳоямро сӯи шаҳодоти Ту баргардондаам.
60 Барои нигоҳдории аҳкоми Ту шитофтаам
ва дер накардаам.
61 Камандҳои шарирон маро иҳота намуд;
лекин шариати Туро фаромӯш накардам.
62 Нисфи шаб мехестам, то ки Туро ҳамд гӯям
барои довариҳои одилонаи Ту.
63 Ман ба ҳамаи онҳое ки аз Ту метарсанд,
рафиқ ҳастам;
ва ба онҳое ки фармудҳои Туро
нигоҳдорӣ мекунанд.
64 Аз эҳсони Ту, эй Худованд, замин пур аст;
фароизи Худро ба ман таълим деҳ.
65 Ба бандаи Худ, эй Худованд,
мувофиқи каломи Худ некӣ кардаӣ.
66 Ақли некӯ ва донишро ба ман таълим деҳ;
зеро ки ба аҳкоми Ту имон овардаам.
67 Пеш аз он ки ба залолат афтам, ман саҳв менамудам;
вале акнун сухани Туро нигоҳдорӣ мекунам.
68 Ту некӯ ва некӯкор ҳастӣ;
фароизи Худро ба ман таълим деҳ.
69 Бадқасдон дар ҳаққи ман дурӯғ мебофанд;
лекин ман бо тамоми дил фармудҳои Туро пайравӣ хоҳам кард.
70 Дили онҳо мисли дунба равған бастааст;
лекин ман аз шариати Ту ҳаловат мебарам.
71 Барои ман некӯст, ки уқубат кашидаам,
то ки фароизи Туро таълим гирам.
72 Барои ман шариати даҳони Ту беҳ аст
аз ҳазорҳо тилло ва нуқра.
73 Дастҳои Ту маро офаридааст ва барпо кардааст;
маро фаҳм бибахш, то ки аҳкоми Туро таълим гирам.
74 Тарсгорони Ту маро дида, шод хоҳанд шуд,
зеро ки ба каломи Ту умед бастаам.
75 Медонам, эй Худованд, ки довариҳои Ту одилона аст;
ва маро барҳақ уқубат додаӣ.
76 Пас, бигзор эҳсони Ту тасаллои ман гардад;
мувофиқи сухани Ту бо бандаи Ту.
77 Бигзор марҳамати Ту бар ман биёяд,
то ки зинда шавам;
зеро ки шариати Ту ҳаловати ман аст.
78 Бигзор бадқасдон хиҷил шаванд,
зеро ки ноҳақ ба ман ноинсофӣ карданд;
аммо ман дар бораи фармудҳои Ту фикру хаёл мекунам.
79 Бигзор тарсгорони Ту сӯи ман баргарданд,
ва шаҳодоти Туро бидонанд.
80 Бигзор дилам дар фароизи Ту комил бошад,
то ки хиҷил нашавам.
81 Ҷонам барои наҷоти Ту хаста мешавад:
ба каломи Ту умед бастаам.
82 Чашмонам барои сухани Ту хаста мешавад;
мегӯям: «Кай маро тасаллӣ хоҳӣ дод?»
83 Зеро ки мисли машки дудхӯрда гардидаам;
аммо фароизи Туро фаромӯш накардаам.
84 Чӣ қадар аст рӯзҳои бандаи Ту?
Таъқибкунандагони маро кай доварӣ хоҳӣ кард?
85 Бадқасдон, ки ба шариати Ту мувофиқ нестанд,
барои ман чоҳҳо канданд.
86 Тамоми аҳкоми Ту ҳақ асту рост;
маро ноҳақ таъқиб мекунанд; ба ман ёварӣ намо.
87 Кам монда буд, ки дар замин кори маро тамом кунанд;
валекин ман фармудҳои Туро тарк накардам.
88 Аз рӯи эҳсони Худ маро зинда гардон,
то ки шаҳодати даҳони Туро нигоҳдорӣ кунам.
89 Каломи Ту, эй Худованд, то абад аст;
дар осмонҳо қоим аст.
90 Садоқати Ту то абадуддаҳр аст;
заминро офаридаӣ, ва он истодааст.
91 Мувофиқи дастурҳои Ту то имрӯз истодаанд;
зеро ки ҳама бандаи Ту ҳастанд.
92 Агар шариати Ту ҳаловати ман намебуд,
дар мусибати худ нобуд мешудам.
93 Фармудҳои Туро ҳаргиз фаромӯш нахоҳам кард;
зеро ки бо онҳо маро зинда гардондаӣ.
94 Ман аз они Ту ҳастам, маро наҷот деҳ;
зеро ки фармудҳои Туро ҷӯё шудаам.
95 Шарирон маро поида гаштаанд, то ки маро нобуд кунанд;
аммо ман шаҳодоти Туро муроқиба менамоям.
96 Барои ҳар камоле заволе дидаам;
аммо аҳкоми Ту бағоят васеъ аст.
97 Шариати Туро чӣ сон дӯст медорам!
Тамоми рӯз фикру хаёлам дар бораи он аст.
98 Аҳкоми Ту маро аз душманонам зиёдтар ҳикмат омӯхтааст;
зеро ки он ҳамеша бо ман аст.
99 Аз ҳамаи муаллимони худ донотар шудаам;
зеро ки фикру хаёлам дар бораи шаҳодоти Туст.
100 Аз пирон бомаърифаттар шудаам;
зеро ки фармудҳои Туро риоя менамоям.
101 Аз ҳар гуна роҳи бад пойҳоямро боздоштаам,
то ки каломи Туро нигоҳдорӣ кунам.
102 Аз дастурҳои Ту дур нашудаам,
зеро ки Ту маро таълим медиҳӣ.
103 Чӣ ширин аст сухани Ту ба коми ман!
Ва ба даҳонам аз асал ширинтар аст.
104 Аз фармудҳои Ту бомаърифат шудаам;
бинобар ин аз ҳар гуна роҳи кизб нафрат дорам.
105 Каломи Ту чароғ аст барои поям;
ва нур аст барои роҳам.
106 Қасам хӯрдаам ва онро ба ҷо хоҳам овард,
ки довариҳои одилонаи Туро нигоҳдорӣ кунам.
107 Бисьёр ба залолат афтодаам; Худовандо,
мувофиқи каломи Худ маро зинда гардон.
108 Ба ҳадияҳои даҳонам таваҷҷӯҳ намо, эй Худованд!
Ва дастурҳои Худро ба ман таълим деҳ.
109 Ҷонам ҳамеша дар кафи ман аст;
вале шариати Туро фаромӯш намекунам.
110 Шарирон барои ман дом ниҳодаанд;
вале аз фармудҳои Ту дур нашудаам.
111 Шаҳодоти Туро то абад мероси худ кардаам;
зеро ки онҳо хурсандии дили ман аст.
112 Диламро ба иҷрои фароизи Ту моил кардаам;
ба сурати абадӣ, то ба охир.
113 Аз ҳардамхаёлон нафрат дорам;
вале шариати Туро дӯст медорам.
114 Паноҳ ва сипари ман Ту ҳастӣ;
ба каломи Ту умед бастаам.
115 Аз ман дур шавед, эй бадкешон!
Аҳкоми Худои худро пайравӣ хоҳам кард.
116 Маро мувофиқи сухани Худ дастгирӣ намо,
то ки зинда шавам;
ва аз умедам хиҷил нагардон.
117 Ба ман ёварӣ намо, то ки наҷот ёбам;
ва ҳамеша ба фароизи Ту назар дӯзам.
118 Ҳамаи онҳоеро, ки аз фароизи Ту
дур шудаанд, вожгун кардаӣ;
зеро ки найранги онҳо бефоида аст.
119 Ҳамаи шарирони заминро мисли занги оҳан тарошида нест мекунӣ;
бинобар ин шаҳодоти Туро дӯст доштаам.
120 Аз тарси Ту мӯи баданам сих шудааст;
ва аз довариҳои Ту метарсам.
121 Инсоф ва адолатро пеша кардаам;
маро ба ситамгаронам таслим накун.
122 Бар нафъи бандаи Худ зомин шав,
то ки бадқасдон ба ман ситам накунанд.
123 Чашмонам барои наҷоти Ту хаста мешавад,
ва барои сухани адолати Ту.
124 Бо бандаи Худ аз рӯи эҳсони Худ амал намо,
ва фароизи Худро ба ман таълим деҳ.
125 Ман бандаи Ту ҳастам; маро фаҳм бибахш,
то ки шаҳодоти Туро дарк намоям.
126 Вақти он аст, ки Худованд амал кунад;
шариати Туро поймол кардаанд.
127 Лекин ман аҳкоми Туро дӯст медорам,
бештар аз тилло ва зари холис.
128 Бинобар ин ҳамаи фармудҳои Туро
дар ҳар бобат рост мешуморам;
аз ҳар роҳи кизб нафрат дорам.
129 Шаҳодоти Ту аҷоиб аст;
бинобар ин ҷонам онҳоро риоя мекунад.
130 Оғози каломи Ту нур мепошад,
соддадилонро фаҳм мебахшад.
131 Даҳонамро васеъ кушода нафас мегирам;
зеро ки ташнаи аҳкоми Ту ҳастам.
132 Ба ман лутф ва марҳамат намо;
чунон ки дӯстдорони исми Туро сазовор аст.
133 Қадамҳоямро дар сухани Худ устувор гардон;
ва ҳеҷ бадиро нагузор, ки бар ман ҳукмрон шавад.
134 Маро аз ситами одамизод раҳоӣ деҳ,
то ки фармудҳои Туро нигоҳдорӣ кунам.
135 Рӯи Худро ба бандаи Худ мунаввар намо,
ва фароизи Худро ба ман таълим деҳ.
136 Ҷӯйборҳои об аз чашмонам равон аст,
аз дасти онҳое ки шариати Туро нигоҳдорӣ намекунанд.
137 Ту, эй Худованд, одил ҳастӣ,
ва довариҳои Ту ҳақ асту рост.
138 Шаҳодоти Худро бо адолат амр фармудаӣ,
ва бо ростии мутлақ.
139 Рашки ман кори маро тамом кардааст,
зеро ки адуёнам каломи Туро фаромӯш кардаанд.
140 Сухани Ту бағоят покиза аст,
ва бандаи Ту онро дӯст медорад.
141 Ман хурд ва ҳақир ҳастам,
аммо фармудҳои Туро фаромӯш накардаам.
142 Адолати Ту адолат аст то абад,
ва шариати Ту ҳақ асту рост.
143 Тангӣ ва кулфат маро дарьёфтааст;
аҳкоми Ту ҳаловати ман аст.
144 Адолати шаҳодоти Ту то абад аст;
маро фаҳм бибахш, то ки зинда шавам.
145 Бо тамоми дил мехонам: маро иҷобат намо,
эй Худованд,
то ки фароизи Туро пайравӣ намоям.
146 Туро мехонам: маро наҷот деҳ,
то ки шаҳодоти Туро нигоҳдорӣ кунам.
147 Пеш аз дамидани субҳ хеста, истиғоса мебарам;
ба каломи Ту умед бастаам.
148 Чашмонам дар посҳои шаб кушода мешавад,
то ки дар бораи сухани Ту фикру хаёл кунам.
149 Овози маро аз рӯи эҳсони Худ бишнав;
Худовандо, аз рӯи инсофи Худ маро зинда гардон.
150 Шавқмандони фисқу фуҷур наздик омадаанд;
онҳо аз шариати Ту дур ҳастанд.
151 Ту, эй Худованд, наздик ҳастӣ,
ва тамоми аҳкоми Ту ҳақ асту рост.
152 Аз қадим шаҳодоти Туро донистаам,
ки онҳоро ба сурати абадӣ буньёд кардаӣ.
153 Ба мусибатам назар кун ва маро раҳоӣ деҳ,
зеро ки шариати Туро фаромӯш накардаам.
154 Доди маро бигир ва маро бираҳон;
мувофиқи сухани Худ маро зинда гардон.
155 Аз шарирон наҷот дур аст,
зеро ки толиби фароизи Ту нестанд.
156 Марҳаматҳои Ту бисьёр аст, эй Худованд;
аз рӯи инсофи Худ маро зинда гардон.
157 Таъқибкунандагонам ва адуёнам бисьёранд;
лекин аз шаҳодоти Ту сар натофтаам.
158 Хоинонро мебинам ва мутанаффир мешавам,
чунки онҳо сухани Туро нигоҳдорӣ намекунанд.
159 Бубин, ки фармудҳои Туро дӯст медорам;
Худовандо, аз рӯи эҳсони Худ маро зинда гардон.
160 Таҳкурсии каломи Ту ҳақ асту рост,
ва ҳар доварии одилонаи Ту то абад аст.
161 Мирон маро бар абас таъқиб мекунанд;
вале дилам аз каломи Ту метарсад.
162 Аз сухани Ту шодмонам,
мисли касе ки ғанимати бисьёре ба даст оварда бошад.
163 Аз кизб кароҳат дорам ва мутанаффир мешавам;
шариати Туро дӯст медорам.
164 Рӯзе ҳафт карат Туро мадҳ менамоям
барои довариҳои одилонаи Ту.
165 Дӯстдорони шариати Ту осоиштагии зиёде доранд,
ва чизе ба онҳо монеъ намешавад.
166 Ба наҷоти Ту, эй Худованд, умед бастаам,
ва аҳкоми Туро иҷро мекунам.
167 Ҷонам шаҳодоти Туро нигоҳдорӣ мекунад;
онҳоро бағоят дӯст медорам.
168 Фармудҳои Туро, ва шаҳодоти Туро нигоҳдорӣ мекунам,
зеро ки ҳамаи роҳҳоям пеши назари Туст.
169 Бигзор тазаррӯи ман пеши Ту, эй Худованд,
наздик шавад;
мувофиқи каломи Худ маро фаҳм бибахш.
170 Бигзор истиғосаам пеши Ту бирасад;
мувофиқи сухани Худ маро халосӣ деҳ.
171 Лабҳоям ҳамду санои Туро ифода хоҳад кард,
вақте ки фароизи Худро ба ман таълим диҳӣ.
172 Забонам сухани Туро хоҳад сароид,
зеро ки тамоми аҳкоми Ту адл аст.
173 Бигзор дасти Ту мададгори ман бошад,
зеро ки фармудҳои Туро баргузидаам.
174 Орзуманди наҷоти Ту ҳастам, эй Худованд,
ва шариати Ту ҳаловати ман аст.
175 Бигзор ҷонам зинда бошад, то ки Туро мадҳ кунад;
ва довариҳои Ту ба ман мадад расонанд.
176 Мисли гӯсфанди гумшуда роҳро гум кардаам:
бандаи Худро талаб кун,
зеро ки аҳкоми Туро фаромӯш накардаам.
119ТАРОНАИ САДУ НУЗДАҲУМ
Дуо дар бораи халосӣ додан аз бӯҳтонгӯён.
1 Суруди сууд.
Дар тангии худ сӯи Худованд хондам,
ва маро иҷобат намуд.
2 Худовандо! Ҷонамро аз лабҳои дурӯғгӯй халосӣ деҳ,
ва аз забони ҳилагар.
3 Чӣ чизе ба ту хоҳад дод ва чӣ чизе ба ту хоҳад афзуд,
эй забони ҳилагар?
4 Тирҳои тези марговар бо ахгарҳои ратам.
5 Вой бар ҳолам, ки дар Машах маъво гирифтаам,
назди хаймаҳои Қедор сокин шудаам.
6 Дер гоҳ ҷонам бо бадхоҳони сулҳу осоиштагӣ сокин буд.
7 Ман сулҳҷӯ ҳастам, ва ҳангоме ки сухан меронам,
онҳо рӯй ба ҷанг меоваранд.
120ТАРОНАИ САДУ БИСТУМ
Мадад аз ҷониби Худованд.
1 Суруди сууд.
Чашмонамро сӯи кӯҳҳо менигаронам.
Мадади ман аз куҷо меояд?
2 Мадади ман аз ҷониби Худованд аст,
ки Ӯ осмон ва заминро офаридааст.
3 Ӯ нахоҳад гузошт, ки поят билағҷад:
нигаҳбонат пинак нахоҳад кард.
4 Инак, нигаҳбони Исроил пинак нахоҳад кард
ва хоб нахоҳад рафт.
5 Худованд нигаҳбони туст;
Худованд соябони туст ба ямини ту.
6 Рӯзона офтоб туро нахоҳад зад, ва шабона — моҳ.
7 Худованд туро аз ҳар бадӣ нигоҳ хоҳад дошт,
ҷонатро нигоҳдорӣ хоҳад кард.
8 Худованд баромаданатро, ва омаданатро нигоҳдорӣ хоҳад кард, аз ҳоло ва то абад.
121ТАРОНАИ САДУ БИСТУ ЯКУМ
Дуо — шукрона гуфтан аст ба Худо.
1 Суруди сууди Довуд.
Шод шудам, вақте ки ба ман гуфтанд:
«Ба хонаи Худованд биравем».
2 Пойҳои мо назди дарвозаҳои ту истодааст,
эй Ерусалим, —
3 Ерусалими ободон, ҳамчун шаҳре
ки комилан ба ҳам пайвастааст, —
4 Ки ба он ҷо сибтҳо, сибтҳои Худованд,
сууд мекарданд, то ки, мувофиқи шаҳодати Исроил,
исми Худовандро ҳамд гӯянд;
5 Зеро ки дар он ҷо курсиҳои доварӣ меистод,
курсиҳои хонадони Довуд.
6 Барои Ерусалим сулҳу осоиштагӣ талаб кунед:
бигзор дӯстдорони ту некрӯз бошанд!
7 Бигзор сулҳу осоиштагӣ дар истеҳкомҳои ту бошад,
ва некрӯзӣ дар қасрҳои ту!
8 Ба хотири бародаронам ва ёронам мегӯям,
ки сулҳу осоиштагӣ бар ту бод!
9 Ба хотири хонаи Худованд Худои
мо барои ту некӯӣ металабам.
122ТАРОНАИ САДУ БИСТУ ДУЮМ
Дуо дар бораи наҷот додан аз золимон.
1 Суруди сууд.
Сӯи Ту чашмонамро менигаронам,
эй, ки бар осмонҳо нишастаӣ!
2 Инак, чунон ки чашмони ғуломон сӯи дасти оғоёни онҳост,
чунон ки чашмони каниз сӯи дасти хотуни ӯст,
ончунон чашмони мо сӯи Худованд Худои мост,
то даме ки ба мо марҳамат намояд.
3 Ба мо марҳамат намо, эй Худованд, ба мо марҳамат намо,
зеро ки басо мо аз таҳқир сер шудаем.
4 Басо ҷони мо аз тамасхури лоуболон
ва таҳқири мағрурон сер гардидааст.
123ТАРОНАИ САДУ БИСТУ СЕЮМ
Худованд ба мо дар мӯҳтоҷӣ мадад мерасонад.
1 Суруди сууди Довуд.
Агар Худованд бо мо намебуд, — Исроил бигӯянд, —
2 Агар Худованд бо мо намебуд,
вақте ки одамон бар мо қиём карданд,
3 Он гоҳ моро зинда ба зинда фурӯ мебурданд,
вақте ки хашмашон бар мо оташ гирифта буд;
4 Он гоҳ обҳо моро ғарқ мекард,
селоб бар ҷони мо мегузашт;
5 Он гоҳ обҳои хурӯшон бар ҷони мо мегузашт.
6 Муборак аст Худованд,
ки моро тӯъмаи дандонҳои онҳо нагардонд.
7 Ҷони мо мисли мурғе аз доми сайёдон раҳо шуд;
дом вайрон шуд, ва мо раҳоӣ ёфтем.
8 Мадади мо дар исми Худованд аст,
ки Ӯ осмон ва заминро офаридааст.
124ТАРОНАИ САДУ БИСТУ ЧОРУМ
Худованд ба некон мадад мерасонад.
1 Суруди сууд.
Онҳое ки ба Худованд таваккал мекунанд,
мисли кӯҳи Сион ҳастанд, ки фурӯ намеғалтад,
ва то абад пойдор аст.
2 Кӯҳҳо гирдогирди Ерусалим аст, ва Худованд гирдогирди қавми Худ, аз ҳоло ва то абад.
3 Зеро ки асои шарорат бар қисмати одилон қарор нахоҳад ёфт, то ки одилон
дастҳои худро ба ноинсофӣ дароз накунанд.
4 Ба некон, эй Худованд, некӣ кун,
ва ба онҳое ки дилашон рост аст.
Валекин касоне ки ба каҷравӣ моиланд,
5 Худованд онҳоро ҳамроҳи бадкирдорон равона хоҳад кард.
Сулҳу осоиштагӣ бар Исроил бод!
125ТАРОНАИ САДУ БИСТУ ПАНҶУМ
Суруди шодиёнаи наҷотьёфтагон.
1 Суруди сууд.
Вақте ки Худованд асирони Сионро баргардонд,
мисли хоббинандагон будем.
2 Он гоҳ даҳони мо аз ханда пур буд,
ва забони мо аз тараннум;
он гоҳ дар миёни халқҳо мегуфтанд:
«Худованд чизҳои бузурге барои онҳо ба амал овард!»
3 Худованд бо мо корҳои бузурге кард; мо шод гаштем.
4 Худованд асирони моро баргардонд,
мисли маҷроҳои об дар ҷануби хушк.
5 Онҳое ки бо ашк кишт мекунанд,
бо тараннум дарав хоҳанд кард.
6 Касе ки гирьякунон рафта, халтаи тухмиро мекашонад,
бо тараннум баргашта, дарзаҳои худро хоҳад кашонд.
126ТАРОНАИ САДУ БИСТУ ШАШУМ
Бе Худо тамоми ҷидду ҷаҳд бар абас мебошад.
1 Суруди сууди Сулаймон.
Агар Худованд хонаро бино накунад,
бинокорони он бар абас меҳнат мекунанд;
агар Худованд шаҳрро нигаҳбонӣ накунад,
посбони он бар абас ҷадал менамояд.
2 Бар абас шумо бармаҳал мехезед,
то бевақтӣ менишинед, нони ранҷро мехӯред,
дар сурате ки Ӯ ба маҳбуби Худ хоб мебахшад.
3 Инак, фарзандон мерос аз ҷониби Худованд ҳастанд;
самари батн муздест аз ҷониби Ӯ.
4 Чӣ гунае ки тирҳо дар дасти зӯровар аст,
он гунаанд фарзандони айёми ҷавонӣ.
5 Хушо марде ки тирдонашро аз онҳо пур карда бошад!
Хиҷил нахоҳанд шуд,
вақте ки бо душманон назди дарвоза сухан ронанд.
127ТАРОНАИ САДУ БИСТУ ҲАФТУМ
Тарсгорони Худо некрӯз мебошанд.
1 Суруди сууд.
Хушо ҳар тарсгори Худованд,
ки бо роҳҳои Ӯ меравад!
2 Аз меҳнати кафҳои худ хоҳӣ хӯрд;
ту хушбахт ҳастӣ, ва некӯӣ бо туст.
3 Занат мисли токи борвар андаруни хонаи туст,
фарзандонат мисли ниҳолҳои зайтун дар гирди суфраи ту.
4 Инак, марди тарсгори Худованд
чунин баракат хоҳад ёфт.
5 Худованд туро аз Сион баракат хоҳад дод,
ва карруфари Ерусалимро тамоми айёми зиндагии худ хоҳӣ дид.
6 Ва фарзандони фарзандонатро хоҳӣ дид.
Сулҳу осиштагӣ бар Исроил бод!
128ТАРОНАИ САДУ БИСТУ ҲАШТУМ
Бигзор онҳое ки аз Сион нафрат доранд,
хиҷил шаванд.
1 Суруди сууд.
Басо маро аз ҷавониам ба танг оварданд, —
бигӯяд Исроил, —
2 Басо маро аз ҷавониам ба танг оварданд;
бо вуҷуди ин бар ман ғолиб наомаданд.
3 Бар тахтапуштам шудгоркунандагон шудгор карданд;
ҷӯякҳои худро дароз карданд.
4 Лекин Худованд одил аст:
бандҳои шариронро пора‐пора кард.
5 Бигзор ҳамаи бадхоҳони Сион хиҷил шаванд
ва қафо гарданд;
6 Мисли сабзаи болои бомҳо бошанд,
ки пеш аз гул карданаш хушк мешавад,
7 Ки даравгар кафи худро аз он пур намекунад,
ва дарзабанд қучоқи худро,
8 Ва роҳгузарон намегӯянд:
«Баракати Худованд бар шумо бод;
шуморо ба исми Худованд баракат мехоҳем».
129ТАРОНАИ САДУ БИСТУ НӮҲУМ
Дуо дар бораи омурзидани гуноҳкорон.
1 Суруди сууд.
Аз умқҳо Туро, эй Худованд, мехонам.
2 Худовандо! Овози маро бишнав.
Бигзор гӯшҳои Ту ба овози зориҳоям диққат намояд.
3 Агар Ту, эй Худованд, гуноҳҳоро ба назар гирӣ,
кист, эй Худованд, ки истодагӣ карда тавонад?
4 Аммо омурзиш назди Туст, то ки саҳмгин бошӣ.
5 Ба Худованд умедворам, ҷонам умедвор аст;
ва ба каломи Ӯ умед бастаам.
6 Ҷонам Худовандро мунтазир аст,
зиёда аз он ки посбонон субҳидамро,
посбонон субҳидамро.
7 Эй Исроил, ба Худованд умед банд,
зеро ки эҳсон назди Худованд аст,
ва халосӣ назди Ӯ бисьёр аст,
8 Ва Ӯ Исроилро аз ҳамаи гуноҳҳои вай халосӣ хоҳад дод.
130ТАРОНАИ САДУ СИЮМ
Умед бастан ба Худо.
1 Суруди сууди Довуд.
Худовандо! Дилам мағрур нест, ва чашмонам ҳавобаландона нигоҳ намекунад,
ва ман аз паи корҳои бузург намедавам,
ва аз паи корҳои аҷоибе ки аз дастам намеояд,
2 Балки ҷонамро ором ва сокит мекунам,
мисли кӯдаки аз сина ҷудошудае ки дар оғӯши модараш мехобад;
ҷонам андаруни ман мисли кӯдакест,
ки аз сина ҷудо карда шудааст.
3 Эй Исроил, ба Худованд умед банд, аз ҳоло ва то абад.
131ТАРОНАИ САДУ СИЮ ЯКУМ
Худованд ваъдаҳои Худро ба ҷо меоварад.
1 Суруди сууд.
Довудро, эй Худованд, ба ёд ор, тамоми меҳнати ӯро,
2 Ки ба Худованд қасам хӯрда буд,
ба Қодири Яъқуб назр карда буд:
3 «Зери сақфи хонаи худ дохил нахоҳам шуд,
бар ҷойхоби худ нахоҳам баромад,
4 Хоб ба чашмони худ нахоҳам дод,
ва ғанаб ба мижгони худ,
5 То даме ки мақоме барои Худованд пайдо кунам,
ва масканҳо барои Қодири Яъқуб».
6 Инак, дар бораи он дар Эфрот шунидаем,
онро дар саҳрои Ёар ёфтаем.
7 Ба масканҳои Ӯ меоем, ба қадамгоҳи Ӯ саҷда мекунем.
8 Бархез, эй Худованд, ба оромгоҳи Худ биё, —
Ту ва сандуқи шавкати Ту.
9 Коҳинони Ту ҷомаи адолат хоҳанд пӯшид,
ва порсоёни Ту тараннум хоҳанд кард.
10 Ба хотири бандаи Худ Довуд,
рӯи масеҳи Худро барнагардон.
11 Худованд ба Довуд ба ростӣ қасам хӯрдааст,
ва аз он нахоҳад баргашт:
«Аз самари батни ту бар тахти ту хоҳам гузошт;
12 Агар писаронат аҳди Маро нигоҳдорӣ кунанд,
ва шаҳодати Маро, ки ба онҳо таълим хоҳам дод:
писарони онҳо низ ба сурати абадӣ
бар тахти ту хоҳанд нишаст».
13 Зеро ки Худованд Сионро баргузидааст;
онро барои нишемангоҳи Худ хостааст:
14 «Ин аст оромгоҳи Ман ба сурати абадӣ;
дар ин ҷо хоҳам нишаст, зеро ки онро хостаам.
15 Ҳосилоташро баракат хоҳам дод,
камбағалонашро аз нон сер хоҳам кард.
16 Ва коҳинонашро ҷомаи наҷот хоҳам пӯшонид;
ва порсоёнаш пайваста тараннум хоҳанд кард.
17 Дар он ҷо шохи Довудро хоҳам сабзонид;
чароғе барои масеҳи Худ хоҳам барафрӯхт.
18 Душманони ӯро ҷомаи хиҷолат хоҳам пӯшонид;
валекин бар ӯ тоҷи ӯ дурахшон хоҳад шуд».
132ТАРОНАИ САДУ СИЮ ДУЮМ
Хушбахтии муошират.
1 Суруди сууди Довуд.
Инак, чӣ хуш аст ва чӣ дилпазир,
ки бародарон дар як ҷой ҳамнишин бошанд;
2 Мисли равғани некӯ бар сар,
ки шорида ба риш мефурояд;
ба риши Ҳорун, ки ба гиребони ридои ӯ мефурояд;
3 Мисли шабнами Ҳермӯн, ки ба кӯҳҳои Сион мефурояд,
зеро ки дар он ҷо Худованд баракатро
амр фармудааст; ва ҳаётро то абад.
133ТАРОНАИ САДУ СИЮ СЕЮМ
Ваъдаи баракатҳои Худо.
1 Суруди сууд.
Ҳон, Худовандро муборак бихонед, эй ҳамаи бандагони Худованд,
ки шабҳо дар хонаи Худованд меистед!
2 Дастҳои худро сӯи қудс боло кунед,
ва Худовандро муборак бихонед.
3 Худованд, ки офаринандаи осмон ва замин аст,
туро аз Сион баракат хоҳад дод.
134ТАРОНАИ САДУ СИЮ ЧОРУМ
Мадҳ дар шаъни Худои Қодир.
1 Ҳалелуёҳ.
Исми Худовандро мадҳ кунед!
Мадҳ кунед, эй бандагони Худованд,
2 Ки дар хонаи Худованд меистед:
дар саҳнҳои хонаи Худои мо.
3 Ҳалелуёҳ! Зеро ки Худованд некӯст;
исми Ӯро бисароед, зеро ки дилпазир аст.
4 Зеро ки Худованд Яъқубро барои Худ
баргузидааст, ва Исроилро ҳамчун азизи Худ.
5 Яқин медонам, ки Худованд бузург аст,
ва Худованди мо аз ҳамаи худоён бартарӣ дорад.
6 Худованд ҳар чӣ хоҳад, ба амал меоварад:
дар осмон ва дар замин, дар баҳрҳо ва дар ҳамаи вартаҳо.
7 Абрҳоро аз ақсои замин боло мебардорад;
барқҳоро барои борон ба вуҷуд меоварад;
бодро аз ганҷинаҳои Худ берун мекунад.
8 Ӯ нахустзодагони Мисрро зарба задааст:
аз одамизод то чорпо.
9 Аломот ва мӯъҷизотро ба даруни Миср фиристодааст:
бар фиръавн ва бар ҳамаи ғуломони вай.
10 Ӯ халқҳои бисьёрро зарба задааст,
ва подшоҳони зӯроварро куштааст:
11 Сихӯн подшоҳи амӯриёнро, ва Ӯҷ подшоҳи Бошонро,
ва ҳамаи мамлакатҳои Канъонро.
12 Ва замини онҳоро мерос додааст:
мерос ба қавми Худ Исроил.
13 Худовандо! Исми Ту то абад аст.
Худовандо! Зикри Ту то абадуддаҳр аст.
14 Зеро ки Худованд қавми Худро доварӣ хоҳад кард,
ва бар бандагони Худ тараҳҳум хоҳад намуд.
15 Бутҳои халқҳо нуқра ва тиллост,
амали дастҳои одамизод.
16 Онҳо даҳон доранд, вале ҳарф намезананд;
чашм доранд, вале намебинанд;
17 Гӯш доранд, вале гӯш намекунанд,
дар даҳонашон низ нафасе нест.
18 Созандагонашон мисли онҳо хоҳанд буд,
ва ҳар касе ки ба онҳо таваккал мекунад.
19 Эй хонадони Исроил! Худовандро муборак бихонед.
Эй хонадони Ҳорун! Худовандро муборак бихонед.
20 Эй хонадони Левӣ! Худовандро муборак бихонед.
Эй тарсгорони Худованд! Худовандро муборак бихонед.
21 Худованд аз Сион муборак аст, сокини Ерусалим аст. Ҳалелуёҳ!
135ТАРОНАИ САДУ СИЮ ПАНҶУМ
Мадҳ дар шаъни марҳамати Худо.
1 Худовандро ҳамд гӯед, зеро ки некӯст;
зеро ки эҳсони Ӯ то абад аст.
2 Худои худоёнро ҳамд гӯед,
зеро ки эҳсони Ӯ то абад аст.
3 Худованди худовандонро ҳамд гӯед,
зеро ки эҳсони Ӯ то абад аст.
4 Ӯро, ки танҳо Худаш корҳои аҷоиби бузурге мекунад,
зеро ки эҳсони Ӯ то абад аст.
5 Ӯро, ки осмонро хирадмандона офаридааст,
зеро ки эҳсони Ӯ то абад аст.
6 Ӯро, ки заминро бар обҳо густурдааст,
зеро ки эҳсони Ӯ то абад аст.
7 Ӯро, ки найирҳои бузург офаридааст,
зеро ки эҳсони Ӯ то абад аст:
8 Офтобро барои салтанати рӯз,
зеро ки эҳсони Ӯ то абад аст;
9 Моҳ ва ситорагонро барои салтанати шаб,
зеро ки эҳсони Ӯ то абад аст.
10 Ӯро, ки Мисрро дар нахустзодагони онҳо зарба задааст,
зеро ки эҳсони Ӯ то абад аст;
11 Ва Исроилро аз миёни онҳо берун овардааст,
зеро ки эҳсони Ӯ то абад аст;
12 Бо дасти тавоно ва бо бозуи тӯлонӣ,
зеро ки эҳсони Ӯ то абад аст.
13 Ӯро, ки баҳри Қулзумро тақсим кардааст,
зеро ки эҳсони Ӯ то абад аст;
14 Ва Исроилро аз миёнаи он гузарондааст,
зеро ки эҳсони Ӯ то абад аст;
15 Ва фиръавн ва лашкари варо дар баҳри
Қулзум андохтааст,
зеро ки эҳсони Ӯ то абад аст.
16 Ӯро, ки қавми Худро дар биёбон бурдааст,
зеро ки эҳсони Ӯ то абад аст.
17 Ӯро, ки подшоҳони бузургро зарба задааст,
зеро ки эҳсони Ӯ то абад аст;
18 Ва подшоҳони нерумандро куштааст,
зеро ки эҳсони Ӯ то абад аст:
19 Сиҳӯн подшоҳи амӯриёнро,
зеро ки эҳсони Ӯ то абад аст;
20 Ва Ӯҷ подшоҳи Бошонро,
зеро ки эҳсони Ӯ то абад аст;
21 Ва замини онҳоро мерос додааст,
зеро ки эҳсони Ӯ то абад аст,
22 Мерос ба бандаи Худ Исроил,
зеро ки эҳсони Ӯ то абад аст.
23 Моро дар залолати мо ба ёд овардааст,
зеро ки эҳсони Ӯ то абад аст;
24 Ва моро аз адуёни мо халосӣ додааст,
зеро ки эҳсони Ӯ то абад аст.
25 Ӯ ба тамоми башар ризқу рӯзӣ медиҳад,
зеро ки эҳсони Ӯ то абад аст.
26 Худои осмонро ҳамд гӯед,
зеро ки эҳсони Ӯ то абад аст.
136ТАРОНАИ САДУ СИЮ ШАШУМ
Суруд назди наҳрҳои Бобил.
1 Назди наҳрҳои Бобил,
он ҷо менишастем, мегиристем низ,
вақте ки Сионро ба ёд меовардем.
2 Бар дарахтони бед, ки андаруни он буд,
барбатҳои худро овехтем,
3 Зеро ки дар он ҷо асиркунандагони мо аз мо суханони сурудро талаб мекарданд,
ва зулмкунандагони мо — шодмониро:
«Барои мо аз сурудҳои Сион бихонед».
4 Чӣ тавр мо суруди Худовандро
дар замини бегона бихонем?
5 Агар туро, эй Ерусалим, фаромӯш кунам,
бигзор ямини ман фаромӯш шавад;
6 Забонам ба комам бичаспад,
агар туро ба ёд наоварам,
агар Ерусалимро бар сари шодмонии худ нагузорам.
7 Худовандо! Рӯзи Ерусалимро
ба банӣ‐Адӯм ёдоварӣ намо, ки гуфта буданд:
«Вайрон кунед, аз буньёдаш вайрон кунед!»
8 Эй духтари Бобили табоҳкор!
Хушо касе ки сазои туро диҳад,
барои сазое ки ба мо додаӣ.
9 Хушо касе ки кӯдакони туро гирифта,
ба сахра занад.
137ТАРОНАИ САДУ СИЮ ҲАФТУМ
Суруди шукрона барои мадади Худо.
1 Таронаи Довуд.
Бо тамоми дилам Туро ҳамд хоҳам гуфт;
дар рӯ ба рӯи худоён Туро хоҳам сароид.
2 Сӯи қасри қудси Ту саҷда хоҳам кард,
ва исми Туро барои эҳсони Ту
ва барои ростии Ту ҳамд хоҳам гуфт;
зеро ки исми Худ ва сухани Худро
аз ҳар чиз бузург кардаӣ.
3 Дар рӯзе ки Туро хондам, маро иҷобат намудӣ,
қувватро дар ҷонам афзун кардӣ.
4 Туро, эй Худованд, ҳамаи подшоҳони замин
ҳамд хоҳанд гуфт,
вақте ки суханони даҳони Туро бишнаванд,
5 Ва тариқҳои Худовандро хоҳанд сароид,
зеро ки ҷалоли Худованд бузург аст.
6 Ҳар чанд ки Худованд баланд аст,
ба замин назар мекунад,
ва ҳавобаландро аз дур мешиносад.
7 Агарчи андаруни тангӣ роҳ меравам,
маро зинда хоҳӣ гардонд;
бар хашми душманонам дасти Худро равона хоҳӣ кард,
ва ямини Ту маро наҷот хоҳад дод.
8 Худованд ба нафъи ман анҷом хоҳад дод. Худовандо!
Эҳсони Ту то абад аст;
кори дастҳои Худро тарк накун.
138ТАРОНАИ САДУ СИЮ ҲАШТУМ
Корҳои аҷоиби Худованд.
1 Барои сардори муғанниён. Таронаи Довуд.
Худовандо! Маро тафтиш намудаӣ, ва мешиносӣ.
2 Ту шинухези маро медонӣ;
андешаҳои маро аз дур мефаҳмӣ.
3 Атвор ва кирдори маро санҷидаӣ,
ва ҳамаи роҳҳоям ба Ту маълум аст.
4 Калимае ҳанӯз бар забонам нест,
ки Ту, эй Худованд, онро ба куллӣ медонӣ.
5 Аз қафо ва аз пеш маро фаро гирифтаӣ,
ва кафи Худро бар ман гузоштаӣ.
6 Ин аҷаб муаммост, ки аз донистанаш оҷизам:
чунон баланд аст, ки онро фаҳмида наметавонам.
7 Аз Рӯҳи Ту куҷо равам? Ва аз ҳузури Ту куҷо гурезам?
8 Агар ба осмон бароям, он ҷо Ту ҳастӣ,
ва агар дар гӯр бистар андозам, он ҷо низ Ту ҳастӣ.
9 Агар болҳои шафақи субҳро гирифта,
дар ақсои баҳр сокин шавам,
10 Дар он ҷо низ дасти Ту маро ҳидоят хоҳад намуд,
ва ямини Ту маро дастгирӣ хоҳад кард.
11 Ва агар гӯям: «Албатта торикӣ маро ниҳон хоҳад кард,
ва шаб барои ман паноҳгоҳ хоҳад шуд», —
12 Аммо торикӣ низ аз Ту пинҳон нахоҳад кард,
ва шаб мисли рӯз равшан хоҳад шуд:
хоҳ торикӣ бошад, хоҳ рӯшноӣ.
13 Зеро ки Ту ботинамро ба вуҷуд овардаӣ,
маро дар батни модарам тарҳ афкандаӣ.
14 Туро ҳамд хоҳам гуфт барои он ки
ба таври хеле аҷоиб офарида шудаам:
аъмоли Ту аҷоиб аст, ва ҷонам инро нағз медонад.
15 Устухонхоям аз Ту пӯшида набуд,
вақте ки дар ниҳон сохта мешудам,
дар таҳтуссаро ба вуҷуд меомадам.
16 Ҷанинамро чашмони Ту дидааст,
ва дар дафтари Ту ҳамаи узвҳоям навишта шудааст,
ва рӯзҳои пайдо шудани онҳо,
дар сурате ки ҳеҷ яке аз онҳо ҳанӯз вуҷуд надошт.
17 Чӣ гуна гаронбаҳост барои ман
андешаҳои Ту, эй Худо,
чӣ гуна бузург аст миқдори онҳо!
18 Агар онҳоро дар шумор оварам,
аз рег зиёдтар аст;
вақте ки бедор мешавам, ҳанӯз бо Ту ҳастам.
19 Кошки, эй Худо, шарирро ба қатл бирасонӣ!
Эй хунхӯрон, аз ман дур шавед!
20 Онҳо дар бораи Ту бо найранг сухан меронанд;
адуёнат исми Туро бар абас ба забон мегиранд.
21 Чӣ гуна нафрат накунам аз онҳое ки аз Ту,
эй Худованд, нафрат доранд?
Ва чӣ гуна мутанаффир нашавам аз онҳое
ки бар Ту қиём мекунанд?
22 Бо нафрати том аз онҳо нафрат мекунам;
онҳо душманони мананд.
23 Маро, эй Худо, тафтиш намо
ва диламро бишнос;
маро бисанҷ ва андешаҳоямро бидон,
24 Ва бубин, ки оё роҳам каҷ аст?
Ва маро ба роҳи некӯ андоз.
139ТАРОНАИ САДУ СИЮ НӮҲУМ
Дуо дар бораи мадад расондан бар зидди душманоне ки ҳуҷум мекунанд.
1 Барои сардори муғанниён. Таронаи Довуд.
2 Маро, эй Худованд, аз одами бад бираҳон;
аз шахси золим маро муҳофизат намо,
3 Ки онҳо дар дил қасдҳои бад доранд,
ҳар рӯз ҷангу ҷидол ба миён меоваранд.
4 Забони худро ба сони мор тез мекунанд:
заҳри афъӣ зери лабҳои онҳост. Село.
5 Маро, эй Худованд, аз дасти шарир
нигоҳ дор, аз золим маро муҳофизат намо,
ки онҳо қасд доранд пойҳои маро лағжонанд.
6 Мағрурон барои ман қапқон ва камандҳо
пинҳон кардаанд,
дар сари роҳ дом ниҳодаанд, тузоқҳо
барои ман шинондаанд. Село.
7 Ба Худованд гуфтам: «Ту Худои ман ҳастӣ!
Ба овози зориҳоям, эй Худованд, гӯш андоз!
8 Худовандо! Худовандо! Эй қуввати наҷотам!
Дар рӯзи ҳарбу зарб сари маро пӯшидаӣ.
9 Орзуҳои шарирро, эй Худованд, ба иҷро нарасон;
қасди бадашро ба амал набарор,
то ки ҳавобаланд нашавад». Село.
10 Бигзор сари онҳоеро, ки гирди маро гирифтаанд,
хабосати лабҳои худашон бипӯшад.
11 Бигзор бар онҳо ахгарҳо фурӯ резад;
бигзор онҳо дар оташ фурӯ ғалтанд,
ва дар ҷарҳо, то ки бархоста натавонанд.
12 Шахси бадзабон дар замин қоим нахоҳад шуд;
золимро бадӣ ба дом дароварда, шикаст хоҳад дод.
13 Медонам, ки Худованд ба мазлумон додгарӣ
ва ба мискинон инсоф хоҳад кард.
14 Ба яқин одилон исми Туро ҳамд хоҳанд гуфт;
росткорон ба ҳузури Ту сокин хоҳанд шуд.
140ТАРОНАИ САДУ ЧИЛУМ
Дуо дар бораи мадад расондан бар зидди шарирон.
1 Таронаи Довуд.
Худовандо! Туро мехонам, сӯи ман шитоб намо;
ба овозам гӯш андоз, вақте ки Туро мехонам.
2 Бигзор дуоям ба ҳузури Ту мисли бухур мақбул афтад,
ва боло кардани кафҳоям мисли ҳадияи шом.
3 Бар даҳонам, эй Худованд, посбоне бимон,
ва дари лабҳоямро нигаҳбонӣ намо.
4 Диламро ба чизи бад моил нагардон,
то ки дар роҳи шарорат бо шахсони бадкирдор амал накунам,
ва аз нозу неъмати онҳо начашам.
5 Одил маро бизанад — эҳсон аст;
ва маро мазаммат намояд — равған аст барои сарам,
ва сарам ба он монеъ нахоҳад шуд;
зеро ки ҳанӯз дуоям бар зидди кирдорҳои бади онҳост.
6 Доварони онҳо аз болои сахра партофта хоҳанд шуд,
ва он гоҳ суханони маро хоҳанд шунид, зеро ки хуш аст.
7 Мисли он ки замин аз шудгор пора‐пора мешавад,
устухонҳои мо дар даҳони гӯристон пароканда хоҳад шуд.
8 Аммо чашмонам сӯи Туст, эй Худованд, Худованд!
Ба Ту паноҳ мебарам, ҷонамро нобуд накун.
9 Маро аз доме ки барои ман ниҳодаанд,
нигоҳдорӣ намо; ва аз тузоқҳои бадкирдорон.
10 Шарирон дар домҳои худ хоҳанд афтод,
дар сурате ки ман сиҳат саломат хоҳам гузашт.
141ТАРОНАИ САДУ ЧИЛУ ЯКУМ
Дуо дар бораи мадад расондан дар вақти душвориҳо.
Суруди таълимии Довуд; дуои ӯ, вақте ки дар мағора буд.
1 Бо овози худ сӯи Худованд фарьёд мекашам,
бо овози худ сӯи Худованд зорӣ мекунам.
2 Андӯҳамро пеши Ӯ изҳор менамоям;
тангиамро пеши Ӯ баён мекунам.
3 Вақте ки рӯҳам дар ман аз ҳол мерафт,
Ту тариқи маро медонистӣ; дар роҳе ки меравам,
доме барои ман пинҳон кардаанд.
4 Ба тарафи рост назар андоз ва бубин,
ки каси ба ман шиносе нест;
гурезгоҳе бароям боқӣ намондааст:
касе нест, ки ғами ҷонамро бихӯрад.
5 Сӯи Ту, эй Худованд, фарьёд кашидам
ва гуфтам: «Ту паноҳгоҳи ман ҳастӣ,
ва насибаи ман дар замини зиндаҳо.
6 Ба тазаррӯам диққат намо,
зеро ки бисьёр бемаҷол шудаам;
маро аз таъқибкунандагонам халосӣ деҳ,
зеро ки аз ман пурзӯртаранд.
7 Ҷонамро аз зиндон берун ор,
то ки исми Туро ҳамд гӯям;
одилон дар ман ифтихор хоҳанд кард,
вақте ки Ту ба ман таваҷҷӯҳ намоӣ».
142ТАРОНАИ САДУ ЧИЛУ ДУЮМ
Дуо дар бораи ҳимоят кардан аз душманон.
1 Таронаи Довуд.
Худовандо! Дуои маро бишнав, ба зориҳоям гӯш андоз;
дар садоқати Худ маро аз рӯи адолати Худ иҷобат намо.
2 Ва бо бандаи Худ ба мурофиа набиё,
зеро ҳеҷ як зиндае нест, ки пеши Ту
сафед шуда тавонад.
3 Зеро ки душман ҷонамро таъқиб менамояд,
ҳаётамро ба замин яксон кардааст,
маро дар зулмот сокин гардондааст,
мисли онҳое ки аз қадим мурдаанд.
4 Ва рӯҳам дар ман беҳол шудааст;
дилам андаруни ман дар ҳайрат афтодааст.
5 Айёми қадимро ба ёд меоварам;
ҳамаи корномаҳои Туро аз хаёл мегузаронам;
дар бораи амали дастҳои Ту фикру хаёл мекунам.
6 Дастҳоямро сӯи Ту дароз мекунам;
ҷонам мисли замини беоб ташнаи Туст. Село.
7 Ба зудӣ маро иҷобат намо, эй Худованд!
Рӯҳам хаста шудааст; рӯи Худро аз ман пинҳон надор,
ки мабодо мисли фурӯравандагони гӯр гардам.
8 Саҳаргоҳон эҳсони Худро ба ман бишнавон,
зеро ки ба Ту таваккал кардаам;
тариқеро, ки бо он биравам, ба ман маълум намо,
зеро ки ҷонамро сӯи Ту нигаронидаам.
9 Маро аз душманонам халосӣ деҳ, эй Худованд!
Ба Ту паноҳ мебарам.
10 Маро таълим деҳ, то ки иродаи Туро ба ҷо оварам,
зеро ки Худои ман Ту ҳастӣ;
бигзор рӯҳи неки Ту маро ба замини ҳамвор ҳидоят намояд.
11 Ба хотири исми Худ, эй Худованд, маро зинда гардон;
аз рӯи адолати Худ ҷонамро аз тангӣ берун ор.
12 Ва аз рӯи эҳсони Худ душманонамро нест кун,
ва ҳамаи хасмҳои ҷонамро нобуд кун,
зеро ки ман бандаи Ту ҳастам.
143ТАРОНАИ САДУ ЧИЛУ СЕЮМ
Дуо дар бораи баракат додан ба қавми баргузида.
1 Таронаи Довуд.
Муборак аст Худованд, ки кӯҳпораи ман аст;
Ӯ дастҳоямро ҳарбу зарб, ва ангуштонамро
ҷанг меомӯзад.
2 Ӯ эҳсони ман аст ва қалъаи ман, паноҳгоҳи ман аст
ва раҳокунандаи ман, сипари ман аст,
ва ба Ӯ паноҳ мебарам;
қавми маро зердасти ман мегардонад.
3 Худовандо! Чист одам, ки ӯро бишносӣ?
Ва фарзанди инсон, ки ӯро ба назари эътибор гирӣ?
4 Одамизод мисли як нафас аст:
рӯзҳои вай мисли сояи даргузар аст.
5 Худовандо! Осмони Худро хамонида, нузул намо;
ба кӯҳҳо даст бирасон, то ки дуд кунанд.
6 Барқҳоро барқ занонда, онҳоро пароканда соз;
тирҳои Худро фиристода, онҳоро ҳаросон намо.
7 Дасти Худро аз афроз бифрист;
маро бираҳон ва маро аз обҳои бисьёр халосӣ деҳ,
яъне аз дасти мардуми аҷнабӣ,
8 Ки даҳонашон суханони ботил мегӯяд,
ва яминашон ямини бардурӯғ аст.
9 Худоё! Дар шаъни Ту суруди наве мехонам,
бо уди даҳтор Туро месароям,
10 Ки подшоҳонро Ту наҷот мебахшӣ,
ва бандаи Худ Довудро аз шамшери қотил раҳо мекунӣ.
11 Маро бираҳон ва маро аз дасти мардуми аҷнабӣ халосӣ деҳ,
ки даҳонашон суханони ботил мегӯяд,
ва яминашон ямини бардурӯғ аст;
12 То ки писарони мо дар ҷавонии худ мисли ниҳолҳо нашъунамо ёбанд;
духтарони мо мисли сутунгӯшаҳои кандакории кӯшкҳо зебо бошанд;
13 Анборҳои мо пуропур шуда, аз ҳар навъ
нозу неъмат таъмин намоянд;
рамаҳои мо ҳазорҳо карат афзуда,
бевар‐бевар дар чарогоҳҳои мо чарида гарданд;
14 Барзаговҳои мо зери бор монанд;
на мусибате ба амал ояд, на хуруҷе,
на фиғоне дар кӯчаҳои мо.
15 Хушо қавме ки аҳволаш чунин аст!
Хушо қавме ки Худованд Худои ӯст!
144ТАРОНАИ САДУ ЧИЛУ ЧОРУМ
Ҳамд дар шаъни марҳамат ва адолати Худо.
1 Ҳамду санои Довуд.
Туро, эй Худои ман, ки Подшоҳ ҳастӣ,
болобардор хоҳам кард,
ва исми Туро муборак хоҳам хонд то абад.
2 Ҳар рӯз Туро муборак хоҳам хонд,
ва исми Туро мадҳ хоҳам кард то абад.
3 Худованд бузург аст ва бениҳоят мамдӯҳ;
ва бузургии Ӯ беҳадду беканор аст.
4 Аъмоли Туро насл бо насл ситоиш хоҳад намуд,
ва қудрати Туро ривоят хоҳад кард.
5 Дар бораи шукӯҳу шавкати ҷалоли Ту
ва корномаҳои аҷоиби Ту фикру хаёл хоҳам кард.
6 Ва дар бораи қуввати корҳои саҳмгини Ту
сухан хоҳанд ронд;
ва бузургии Туро нақл хоҳам кард.
7 Зикри меҳрубониҳои бисьёри Туро
ифода хоҳанд намуд,
ва адолати Туро тараннум хоҳанд кард.
8 Худованд бахшанда ва раҳим аст, собир ва серэҳсон.
9 Худованд барои ҳама некӯст,
ва марҳаматҳои Ӯ бар тамоми аъмоли Ӯст.
10 Туро, эй Худованд, тамоми аъмолат ҳамд мегӯяд,
ва порсоёнат Туро муборак мехонанд;
11 Аз ҷалоли малакути Ту сухан меронанд,
ва қудрати Туро тавсиф менамоянд;
12 То ки қудрати Ӯро ба банӣ‐одам маълум кунанд,
ва ҷалоли шавкати малакути Ӯро.
13 Малакути Ту малакути ҳамаи замонҳост,
ва ҳукмфармоии Ту дар ҳамаи наслҳост.
14 Худованд ҳамаи афтодагонро дастгирӣ мекунад,
ва ҳамаи хамидақоматонро рост мегардонад.
15 Чашмони ҳама сӯи Ту интизор дорад,
ва Ту ризқи онҳоро дар вақташ мерасонӣ.
16 Дасти Худро мекушоӣ,
ва ҳамаи зиндаҳоро ба дилхоҳашон сер мекунӣ.
17 Худованд дар ҳамаи тариқҳои Худ одил аст.
ва дар тамоми аъмоли Худ пур аз эҳсон аст.
18 Худованд наздик аст ба ҳамаи онҳое ки Ӯро мехонанд,
ба ҳамаи онҳое ки Ӯро ба ростӣ мехонанд.
19 Хоҳиши тарсгорони Худро ба ҷо меоварад,
ва истиғосаи онҳоро мешунавад,
ва онҳоро наҷот медиҳад.
20 Худованд ҳамаи дӯстдорони Худро нигаҳбонӣ мекунад,
ва ҳамаи шариронро нест хоҳад кард.
21 Даҳонам ҳамду санои Худовандро мегӯяд,
ва тамоми башар исми қуддуси Ӯро
муборак мехонад то абад.
145ТАРОНАИ САДУ ЧИЛУ ПАНҶУМ
Худованд умедворони Худро нигаҳбонӣ менамояд.
1 Ҳалелуёҳ. Эй ҷонам, Худовандро мадҳ намо.
2 Тамоми умри худ Худовандро мадҳ хоҳам кард;
то даме ки вуҷуд дорам, Худои худро хоҳам сароид.
3 Ба мирон таваккал накунед,
ба фарзанди одам, ки дар вай наҷоте нест:
4 Рӯҳи вай берун меравад,
вай ба хоки худ бармегардад;
дар ҳамон рӯз андешаҳои вай нест мешавад.
5 Хушо касе ки Худои Яъқуб мададгори ӯст,
ва умеди ӯ бар Худованд Худои ӯст,
6 Ки Ӯ осмон ва заминро офаридааст,
ва баҳр ва ҳар чиро, ки дар онҳост;
Ӯ ростиро то абад нигаҳбонӣ мекунад;
7 Ба ситамкашон додгарӣ мекунад,
ба гуруснагон нон медиҳад;
Худованд бандиёнро озод мекунад.
8 Худованд чашми кӯронро мекушояд;
Худованд хамидақоматонро рост мегардонад;
Худованд одилонро дӯст медорад.
9 Худованд ғарибонро нигаҳбонӣ менамояд,
ятимон ва бевазанонро тақвият медиҳад,
ва роҳи шариронро каҷ мекунад.
10 Худованд подшоҳӣ хоҳад кард то абад,
Худои ту, эй Сион, то абадуддаҳр. Ҳалелуёҳ!
146ТАРОНАИ САДУ ЧИЛУ ШАШУМ
Мадҳ дар шаъни Худованди Қодир.
1 Ҳалелуёҳ. Зеро ки некӯст Худои моро сароидан;
зеро ки ин дилпазир аст: ҳамду санои шоиста аст.
2 Худованд Ерусалимро бино мекунад,
парокандагони Исроилро ҷамъ меоварад;
3 Дилшикастагонро шифо мебахшад,
ва ҷароҳатҳои онҳоро мебандад;
4 Миқдори ситораҳоро ба ҳисоб мегирад:
ҳамаи онҳоро бо номҳошон мехонад.
5 Худованди мо бузург аст ва пурқувват;
хиради Ӯ беҳадду беканор аст.
6 Ҳалимонро Худованд тақвият медиҳад;
шариронро то ба замин паст мезанад.
7 Дар шаъни Худованд бо шукрона суруд хонед;
Худои моро бо барбат бисароед,
8 Ки Ӯ осмонро бо абрҳо мепӯшонад,
барои замин борон муҳайё мекунад,
бар кӯҳҳо алаф месабзонад.
9 Ба чорпо хӯрок медиҳад,
ва ба бачаҳои зоғ, ки сӯи Ӯ мехонанд.
10 На ба иқтидори асп рағбат дорад,
на ба соқҳои одам таваҷҷӯҳ мекунад:
11 Худованд ба тарсгорони Худ таваҷҷӯҳ менамояд,
ва ба онҳое ки ба эҳсони Ӯ умедворанд.
147ТАРОНАИ САДУ ЧИЛУ ҲАФТУМ
Ҳамд дар шаъни Худо,
ки Довари Исроил аст.
1 Худовандро, эй Ерусалим, ситоиш бикун;
Худои худро, эй Сион, мадҳ намо;
2 Зеро ки Ӯ ғалақаҳои дарвозаҳоятро мустаҳкам мекунад;
фарзандонатро андаруни ту баракат мефармояд.
3 Дар ҳудуди ту сулҳу осоиштагӣ барқарор менамояд;
туро аз мағзи гандум сер мегардонад.
4 Сухани Худро ба замин мефиристад:
сухани Ӯ бағоят зуд паҳн мешавад.
5 Барфро мисли пашм меборонад;
қиравро мисли хокистар мепошад.
6 Жолаи Худро мисли нонҳои майда мепартояд;
кист, ки пеши сармои Ӯ истода тавонад?
7 Каломи Худро мефиристад ва онҳоро об мекунад;
боди Худро мевазонад, ва обҳо ҷорӣ мешавад.
8 Каломи Худро ба Яъқуб баён намудааст,
фароизи Худ ва дастурҳои Худро ба Исроил.
9 Ба ҳеҷ як халқ чунин накардааст,
ва дастурҳоро онҳо намедонанд. Ҳалелуёҳ!
148ТАРОНАИ САДУ ЧИЛУ ҲАШТУМ
Тамоми ҷаҳон Худовандро ҷалол медиҳад.
1 Ҳалелуёҳ. Худовандро аз осмонҳо
мадҳ кунед;
Ӯро дар афрозҳо мадҳ кунед.
2 Ӯро мадҳ кунед, эй ҳамаи фариштагони Ӯ;
Ӯро мадҳ кунед, эй ҳамаи лашкарҳои Ӯ.
3 Ӯро мадҳ кунед, эй офтоб ва моҳ;
Ӯро мадҳ кунед, эй ҳамаи ситорагони нур.
4 Ӯро мадҳ кунед, эй фалакулафлок,
ва эй обҳои фавқи осмонҳо.
5 Исми Худовандро мадҳ мекунанд,
зеро ки Ӯ амр фармудааст,
ва онҳо офарида шудаанд.
6 Ва онҳоро қоим доштааст то абад;
ва қонуне муқаррар намудааст,
ва аз он нахоҳанд даргузашт.
7 Худовандро аз замин мадҳ кунед,
эй наҳангон ва ҳамаи вартаҳо;
8 Эй оташ ва жола, эй барф ва дуд,
эй боди тунд, ки каломи Ӯро ба ҷо меоварӣ;
9 Эй кӯҳҳо ва ҳамаи талҳо,
эй дарахтони мевадор ва ҳамаи арзҳо;
10 Эй ҳайвонҳо ва ҳамаи чорпоён,
эй хазандагон ва мурғони болдор;
11 Эй подшоҳони замин ва ҳамаи қабилаҳо,
эй мирон ва ҳамаи доварони замин;
12 Эй ҷавонон ва бокираҳо низ,
эй пирон ва наврасон.
13 Исми Худовандро мадҳ мекунанд,
зеро ки танҳо исми Ӯ олишаън аст,
шукӯҳи Ӯ бар замин ва осмон аст.
14 Ва Ӯ шохи қавми Худро баланд бардоштааст,
то ки ҳамду саное шавад дар шаъни ҳамаи порсоёни Ӯ,
дар шаъни банӣ‐Исроил,
ки қавми муқарраби Ӯ ҳастанд. Ҳалелуёҳ.
149ТАРОНАИ САДУ ЧИЛУ НӮҲУМ
Ҳамаи порсоён Худовандро ҷалол медиҳанд.
1 Ҳалелуёҳ.
Дар шаъни Худованд суруди наве бихонед;
ва ҳамду санои Ӯро дар шӯрои порсоён.
2 Бигзор Исроил дар Офаридагори худ шодӣ кунад;
фарзандони Сион дар Подшоҳи худ хурсандӣ кунанд;
3 Исми Ӯро дар рақс мадҳ намоянд;
бо даф ва барбат Ӯро бисароянд,
4 Зеро ки Худованд ба қавми Худ таваҷҷӯҳ мекунад,
ҳалимонро бо наҷот шукӯҳ мебахшад.
5 Бигзор порсоён дар ҷалол хушнӯд шаванд,
бар бистарҳошон тараннум кунанд;
6 Мадҳияҳои Худо дар даҳонашон бошад,
ва шамшери дудама дар дасташон,
7 То ки аз халқҳо интиқом гиранд,
қабилаҳоро мазаммат намоянд:
8 Подшоҳони онҳоро бо занҷирҳо бандӣ кунанд,
ва калоншавандаҳои онҳоро бо завлонаҳои оҳанин;
9 Бар онҳо довариро, ки навишта шудааст,
ба амал оваранд;
ин барои ҳамаи порсоёни Ӯ шавкат хоҳад буд. Ҳалелуёҳ!
150ТАРОНАИ САДУ ПАНҶОҲУМ
Тамоми махлуқот Худовандро мадҳ менамоянд.
1 Ҳалелуёҳ. Худовандро дар қудси Ӯ мадҳ кунед;
Ӯро дар фалаки қуввати Ӯ мадҳ кунед.
2 Ӯро дар қудрати Ӯ мадҳ кунед;
Ӯро мувофиқи бузургии азамати Ӯ мадҳ кунед.
3 Ӯро бо навохтани шох мадҳ кунед;
Ӯро бо уд ва барбат мадҳ кунед.
4 Ӯро бо даф ва рақс мадҳ кунед;
Ӯро бо созҳо ва най мадҳ кунед.
5 Ӯро бо шақшақаҳои хушнаво мадҳ кунед;
Ӯро бо шақшақаҳои баландовоз мадҳ кунед.
6 Бигзор ҳар кӣ нафас мекашад,
Худовандро мадҳ кунад.
Ҳалелуёҳ!