КИТОБИ
МАСАЛҲОИ СУЛАЙМОН
1БОБИ ЯКУМ
Насиҳат ба ҷавонон. Таҳдид ба беитоатон.
1 Масалҳои Сулаймон, ибни Довуд, подшоҳи Исроил,
2 Барои донистани ҳикмат ва насиҳат,
барои фаҳмидани суханони хирад,
3 Ва омӯхтани хулқу адаб,
адолат, инсоф ва ҳаққоният,
4 То ки ба соддадилон зиракӣ бахшанд,
ба ҷавонон — дониш ва фаросат;
5 Хирадманд бишнавад, ва донишаш биафзояд; ва оқил тадбирсоз гардад,
6 То ки масал ва гуфтори кинояомезро,
суханони хирадмандон ва муаммоҳои онҳоро дарк намояд.
7 Худотарсӣ ибтидои дониш аст;
беақлон аз ҳикмат ва насиҳат нафрат доранд.
8 Эй писарам! Насиҳати падари худро бишнав,
ва таълими модари худро рад накун,
9 Чунки ин — тоҷи латофат аст бар сари ту ва тавқҳо бар гардани ту.
10 Эй писарам! Агар гуноҳкорон туро иғво кунанд,
ба онҳо таслим нашав;
11 Агар гӯянд: «Бо мо биё,
то ки барои рехтани хун камин гирем,
аз паи бегуноҳе ки беайб бошад, бипоем;
12 Онҳоро зинда ба зинда, мисли касоне ки дар гӯр
ва ба сояи дӯзах фурӯ мераванд;
ба коми худ бикашем;
13 Ҳар навъ молу мулки гаронбаҳо ба даст меоварем,
хонаҳои худро аз ғанимат пур мекунем;
14 Бо мо ҳамдасту шарик бош,
ва ҳамаи моро як ҳамьён хоҳад буд», —
15 Эй писарам! Бо онҳо дар як роҳ равона нашав,
ва пои худро аз тариқи онҳо нигоҳ дор,
16 Чунки пойҳои онҳо сӯи бадӣ медавад
ва барои хунрезӣ мешитобад.
17 Дар назари ҳамаи болдорон дом
бар абас ниҳода шудааст,
18 Валекин онҳо барои рехтани хуни худ камин мегиранд
ва аз паи ҷонҳои худ мепоянд.
19 Чунин аст тариқи ҳар касе ки ба чизи дигарон тамаъ кунад:
он чиз ҷони тасарруфкунандаи худро мегирад.
20 Ҳикмат дар кӯча нидо мекунад,
дар майдонҳо овози худро мебарорад,
21 Дар сари гузарҳо даъват менамояд,
дар даҳани дарвозаҳо ва дар шаҳр суханонашро мегӯяд:
22 «Эй соддадилон! То ба кай соддагиро дӯст хоҳед дошт?
То ба кай масхарабозон аз масхарабозӣ лаззат хоҳанд бурд?
Ва аблаҳон ба дониш адоват хоҳанд дошт?
23 Ба мазаммати ман руҷӯъ кунед!
Инак, рӯҳи худро ба шумо ифода менамоям,
суханонамро ба шумо баён мекунам.
24 Ман даъват намудам, ва шумо эътино накардед,
дастамро дароз кардам, ва касе таваҷҷӯҳ накард.
25 Чун ҳамаи машваратҳои маро рад кардед,
ва мазаммати маро қабул накардед,
26 Ман низ дар вақти мусибати шумо хоҳам хандид,
ва ҳангоме ки тарсу бим бар шумо биёяд, истеҳзо хоҳам кард, —
27 Ҳангоме ки тарсу бим бар шумо мисли тундбод биёяд,
ва мусибат шуморо мисли гирдбод фаро гирад,
ҳангоме ки андӯҳ ва тангӣ бар шумо биёяд.
28 Он гоҳ маро хоҳанд хонд, ва ман иҷобат нахоҳам кард;
аз субҳидам маро ҷустуҷӯ хоҳанд кард, ва маро нахоҳанд ёфт.
29 Азбаски онҳо ба дониш адоват доштанд
ва худотарсиро интихоб накарданд,
30 Машварати маро напазируфтанд,
аз ҳамаи мазамматҳои ман нафрат карданд, —
31 Бинобар ин аз меваи рафтори худ хоҳанд хӯрд
ва аз дасисаҳои худ сер хоҳанд шуд,
32 Чунки каҷравии соддадилон онҳоро хоҳад кушт,
ва худписандии аблаҳон онҳоро ба ҳалокат хоҳад расонд.
33 Валекин ҳар кӣ маро бишнавад, дар амният сукунат хоҳад дошт
ва аз бими шарорат эмин хоҳад буд».
2БОБИ ДУЮМ
Давоми насиҳат.
1 Эй писарам! Агар гуфтаҳои маро бипазирӣ
ва аҳкоми маро дар худ маҳфуз дорӣ,
2 Ба тавре ки гӯши худро ба шунидани ҳикмат роғиб
ва дили худро ба хирад моил гардонӣ;
3 Агар донишро даъват намоӣ
ва овози худро сӯи хирад баланд кунӣ;
4 Агар онро мисли нуқра орзу кунӣ
ва мисли ганҷҳо ҷустуҷӯ намоӣ, —
5 Он гоҳ худотарсиро хоҳӣ фаҳмид
ва дониши Худоро хоҳӣ ёфт,
6 Зеро ки Худованд ҳикмат мебахшад:
дониш ва хирад аз даҳони Ӯст;
7 Барои росткорон зеҳнро маҳфуз медорад;
барои ростравон сипар аст,
8 То ки роҳҳои адолатро риоя кунанд.
Ва Ӯ тариқи порсоёни Худро нигаҳбонӣ менамояд.
9 Он гоҳ адолат ва инсоф
ва ҳаққонияти ҳар тариқи некро хоҳӣ фаҳмид,
10 Зеро ки ҳикмат дар дили ту дохил хоҳад шуд,
ва дониш ба ҷони ту писанд хоҳад омад,
11 Фаросат туро нигаҳбонӣ хоҳад намуд,
хирад туро муҳофизат хоҳад кард,
12 То ки туро аз роҳи бад халос кунад,
аз касе ки каҷгуфтор аст,
13 Аз онҳое ки тариқҳои ростро тарк мекунанд,
то ки бо роҳҳои торикӣ равона шаванд,
14 Аз онҳое ки аз кирдори бад хурсанд мешаванд,
аз рафтори бад ба ваҷд меоянд,
15 Ки тариқҳои онҳо каҷу килеб аст,
ва онҳо дар роҳҳои худ каҷравӣ мекунанд.
16 То ки туро аз зани ғайр халос кунад,
аз зани зинокоре ки гуфтори худро нарм мекунад,
17 Ки вай ёри ҷавонии худро тарк кардааст,
ва аҳди Худои худро аз хотир баровардааст;
18 Хонаи вай сӯи мамот мебарад,
ва роҳҳои вай — сӯи мурдагон;
19 Ҳар кӣ назди вай биёяд, бозгашт нахоҳад кард,
ва ба роҳҳои ҳаёт дохил нахоҳад шуд.
20 Беҳтар аст, ки бо роҳи некон равона шавӣ,
ва тариқҳои одилонро пайравӣ намоӣ,
21 Зеро ки росткорон сокини замин хоҳанд буд,
ва беайбон бар он боқӣ хоҳанд монд,
22 Валекин шарирон аз замин маҳв хоҳанд шуд,
ва хоинон аз он решакан хоҳанд гардид.
3БОБИ СЕЮМ
Давоми ҳамон насиҳат.
Некӯӣ ба тарсгорони Худо ва ба хирадмандон.
1 Эй писарам! Таълими маро фаромӯш накун,
ва бигзор дили ту аҳкоми маро маҳфуз дорад,
2 Зеро ки дарозии айём ва солҳои ҳаёт
ва осоиштагиро барои ту афзун хоҳанд кард.
3 Бигзор эҳсон ва ростӣ туро тарк накунанд:
онҳоро бар гардани худ бибанд,
ва бар лавҳи дили худ бинавис,
4 Ва дар назари Худо ва одамон таваҷҷӯҳ
ва шиносоии нек пайдо хоҳӣ кард.
5 Бо тамоми дили худ ба Худованд таваккал намо,
ва ба хиради худ такья накун.
6 Дар ҳамаи тариқҳои худ Ӯро дарк намо,
ва Ӯ роҳҳои туро ҳамвор хоҳад кард.
7 Дар назари худат хирадманд набош,
аз Худованд битарс, ва аз бадӣ дур шав:
8 Ин барои нофи ту офият
ва барои устухонҳои ту илик хоҳад шуд.
9 Аз дороии худ ва аз гузини тамоми ҳосилоти худ Худовандро ҷалол деҳ,
10 Ва анборҳои ту то ба ҳадди фаровонӣ пур хоҳад шуд,
ва чархуштҳои ту аз шираи ангур лабрез хоҳад гардид.
11 Эй писарам! Ҷазои Худовандро рад накун,
ва аз мазаммати Ӯ дилгир нашав,
12 Зеро ки Худованд ҳар киро дӯст дорад, варо мазаммат мекунад,
ва ба вай, монанди падар ба писараш, таваҷҷӯҳ менамояд.
13 Хушо касе ки ҳикмат пайдо кардааст,
ва касе ки ба хирад ноил шудааст!
14 Зеро ки фоидаи он аз фоидаи нуқра,
ва ҳосили он аз зари холис беҳтар аст.
15 Он аз ҷавоҳир азизтар аст,
ва ҳеҷ чизи дилхоҳи ту ба он баробар нест.
16 Дар ямини он дарозии айём аст,
ва дар дасти чапи он — сарват ва ҷалол.
17 Роҳҳои он роҳҳои хуш аст,
ва ҳамаи тариқҳои он — осоиштагӣ.
18 Барои касоне ки онро нигоҳ медоранд, нахли ҳаёт аст, —
ва хушо касе ки онро маҳфуз медорад!
19 Худованд заминро бо ҳикмат буньёд кард,
осмонро бо хирад барқарор намуд.
20 Бо ҳикмати Ӯ вартаҳо шикофта шуд,
ва абрҳо шабнамро меборонад.
21 Эй писарам! Ин чизҳо аз назарат дур нашавад;
зеҳн ва фаросатро нигоҳдорӣ намо, —
22 Ва онҳо барои ҷони ту ҳаёт
ва барои гардани ту зевар хоҳанд буд.
23 Он гоҳ дар роҳи худ бо амният қадамгузор хоҳӣ шуд,
ва пои ту нахоҳад лағжид.
24 Вақте ки хоб равӣ, нахоҳӣ тарсид;
ва чун хобат барад, хоби ту ширин хоҳад буд.
25 Аз ваҳми ногаҳонӣ нахоҳӣ тарсид,
ва аз ситами шарирон, вақте ки падид ояд,
26 Зеро ки Худованд умедбахши ту хоҳад буд,
ва пои туро аз дом нигоҳ хоҳад дошт.
27 Аз некӣ кардан ба мӯҳтоҷе даст накаш,
вақте ки кардани он аз дастат ояд.
28 Ба ёри худ нагӯй: «Бирав ва бозгард,
ва фардо хоҳам дод»,
вақте ки дар пеши худ дошта бошӣ.
29 Дар ҳаққи ёри худ андешаи бад накун,
вақте ки вай пеши ту бо эътимод нишаста бошад.
30 Бо касе бе сабаб муноқиша накун,
вақте ки вай ба ту бадӣ накарда бошад.
31 Аз шахси золим ҳасад набар,
ва аз роҳҳои вай ҳеҷ якеро интихоб накун,
32 Зеро ки каҷкор назди Худованд зишт аст,
аммо бо росткорон Ӯ маҳрами асрор аст.
33 Лаънати Худованд бар хонаи шарир аст,
вале маскани одилонро Ӯ баракат медиҳад.
34 Масхарабозонро Ӯ албатта тамасхур мекунад,
лекин ба фурӯтанон файз мебахшад.
35 Хирадмандон вориси ҷалол мешаванд,
вале аблаҳон ба худ нанг меоваранд.
4БОБИ ЧОРУМ
Давоми он. Панди падарона.
1 Эй писарон! Насиҳати падарро бишнавед,
ва диққат намоед, то ки хирад биомӯзед,
2 Зеро ки ба шумо сабақи некӯ медиҳам;
таълими маро тарк накунед.
3 Вақте ки ман дар хонаи падари худ писар будам,
ва пеши модари худ азиз ва ягона,
4 Ӯ маро таълим медод, ва ба ман мегуфт:
«Бигзор дили ту суханони маро маҳфуз дорад;
Аҳкоми маро нигоҳ дор, ва зиндагӣ бикун.
5 Ҳикмат ба даст овар, хирад ба даст овар;
инро фаромӯш накун, ва аз гуфтаҳои даҳони ман сар напеч.
6 Онро тарк накун, ва он туро ҳифз хоҳад кард;
онро дӯст дор, ва он туро нигаҳбонӣ хоҳад намуд.
7 Ибтидои ҳама чиз ҳикмат аст, пас ҳикмат ба даст овар,
ва бо тамоми дороии худ хирад ба даст овар.
8 Онро қадрдонӣ намо, ва он туро баланд хоҳад бардошт;
агар онро дар оғӯш кашӣ, он туро ҷалол хоҳад дод,
9 Бар сарат тоҷи латофат хоҳад гузошт,
ва афсари шавкат ба ту ато хоҳад кард».
10 Эй писарам! Бишнав, ва суханони маро қабул намо, —
ва солҳои умри ту афзун хоҳад шуд.
11 Тариқи ҳикматро ба ту меомӯзам,
ба роҳҳои ростӣ туро ҳидоят менамоям.
12 Ҳангоме ки роҳ равӣ, қадамҳоят танг нахоҳад шуд,
ва ҳангоме ки бидавӣ, пешпо нахоҳӣ хӯрд.
13 Насиҳатро нигоҳ дор, тарк накун;
онро маҳфуз дор, зеро ки он ҳаёти туст.
14 Ба роҳи шарирон дохил нашав,
ва дар тариқи бадкешон қадам нагузор.
15 Онро рад намо, дар он қадамгузор нашав;
аз он канорагирӣ намуда, гузашта рав,
16 Чунки, агар бадӣ накунанд, хобашон намебарад,
ва агар касеро пешпо надиҳанд, хобашон мегурезад,
17 Зеро ки нони шароратро мехӯранд
ва шароби зулмро менӯшанд.
18 Вале тариқи одилон мисли нури саҳар аст,
ки то нимирӯзӣ торафт бештар медурахшад.
19 Роҳи шарирон мисли зулмот аст:
намедонанд, ки ба чӣ пешпо мехӯранд.
20 Эй писарам! Ба суханони ман диққат намо,
ба гуфтаҳои ман гӯши худро бикшо.
21 Онҳо аз назарат дур нашавад;
онҳоро андаруни дили худ маҳфуз дор,
22 Зеро, ҳар кӣ онҳоро биёбад, барои вай онҳо ҳаёт аст,
ва барои тамоми ҷисми вай офият аст.
23 Бештар аз ҳар чизи ҳифзталаб дили худро маҳфуз дор,
зеро ки зуҳуроти ҳаёт аз он аст.
24 Кизбро аз даҳони худ рад намо,
ва маломатро аз лабҳои худ дур соз.
25 Бигзор чашмони ту рост бингарад,
ва мижгони ту ба самти рӯ ба рӯ равона бошад.
26 Барои пойҳои худ роҳро ҳамвор намо,
то ки ҳамаи тариқҳои ту рост бошад.
27 Ба тарафи рост ва чап моил нашав;
пои худро аз бадӣ дур соз.
5БОБИ ПАНҶУМ
Давоми он. Огоҳӣ аз фисқу фуҷур.
1 Эй писарам! Ба ҳикмати ман диққат намо,
ба хиради ман гӯши худро бикшо,
2 То ки фаросатро маҳфуз дорӣ,
ва лабҳои ту донишро риоя намояд,
3 Зеро ки лабҳои зани зинокор асал мерезад,
ва гуфтори вай аз равған нармтар аст,
4 Вале оқибати он мисли явшон талх аст,
мисли шамшери дудама тез аст;
5 Пойҳои вай сӯи мамот равон аст;
қадамҳои вай ба дӯзах мебарад,
6 Бе он ки тариқи ҳаёт барояш ҳамвор шавад;
роҳҳои вай вайрона аст, ба тавре ки худаш намедонад.
7 Ва акнун, эй писарон, маро бишнавед,
ва аз гуфтаҳои даҳони ман дур нашавед.
8 Роҳи худро аз вай дур соз,
ва ба дари хонаи вай наздик нашав:
9 Мабодо таровати худро ба дигарон бидиҳӣ,
ва солҳои худро ба ситамгар;
10 Мабодо бегонагон аз қуввати ту сер шаванд,
ва маҳсули ранҷи ту дар хонаи ғайр бимонад.
11 Ва дар охири умри худ фиғон хоҳӣ бардошт,
вақте ки ҷисму андомат барбод равад, —
12 Ва хоҳӣ гуфт: «Чаро аз насиҳат нафрат кардам,
ва дилам ба мазаммат беэътиноӣ намуд,
13 Ва овози устодони худро нашунидам,
ва ба муаллимони худ гӯш надодам?
14 Кам монда буд, ки дар миёни мардум
ва ҷамоат ба ҳар бало гирифтор шавам!»
15 Обро аз чуқурии худ бинӯш,
оберо, ки аз чоҳи худат ҷорист.
16 Чашмаҳоят фаро рехта, берун хоҳанд рафт,
ба сони ҷӯйҳои об дар кӯчаҳо;
17 Онҳо танҳо ба ту тааллуқ хоҳанд дошт,
ва на ба бегонагон бо ту.
18 Чашмаи ту муборак хоҳад буд;
ва аз зани ҷавонии худ шод бош,
19 Ки мисли ғизоли шаҳватангез ва оҳуи меҳрафрӯз аст;
пистонҳои вай ҳамеша ба ту лаззат хоҳад бахшид;
доимо саргарми муҳаббати вай хоҳӣ буд.
20 Пас чаро, эй писарам, сармасти зани ғайр гардӣ?
Ва синаи зани зинокорро дар оғӯш гирӣ?
21 Зеро ки роҳҳои одамизод дар пеши назари Худованд аст,
ва Ӯ ҳамаи тариқҳои варо месанҷад.
22 Шарирро гуноҳҳои худаш ба дом меоварад,
ва бо камандҳои хатои худаш вай баста мешавад.
23 Вай аз боиси беадабӣ мемирад,
ва аз бисьёрии аблаҳии худ нобуд мешавад.
6БОБИ ШАШУМ
Давоми он. Огоҳӣ аз коҳилӣ, бадӣ, зинокорӣ.
1 Эй писарам! Агар ба ёри худ зомин шуда,
барои одами бегона дасти паймон дода бошӣ,
2 Ва бо гуфтаҳои даҳони худ ба дом афтода,
ба бало монда бошӣ,
3 Пас, эй писарам, чунин бикун ва худро халосӣ деҳ,
зеро ки ба дасти ёри худ афтодаӣ:
рафта, гардан фурор ва аз ёри худ зорию илтиҷо намо;
4 Хобро ба чашмони худ роҳ надеҳ,
ва ғанабро ба мижгони худ;
5 Худро мисли гавазне аз дасти сайёд
ва мисли мурғе аз дасти домгузор халосӣ деҳ.
6 Эй коҳил! Назди мӯрча бирав,
рафтори онро бингар ва ҳикмат биомӯз,
7 Ки вай қозӣ, мулозим ва ҳоким надорад,
8 Лекин хӯроки худро тобистон тайёр мекунад,
ғизои худро дар мавсими дарав захира менамояд.
9 То ба кай, эй коҳил, хоб меравӣ?
Аз хоби худ кай мехезӣ?
10 «Андак хоб, андак ғанаб,
андак даст дар бағал хобидан».
11 Вале бенавоии ту мисли роҳзан хоҳад омад,
ва мӯҳтоҷии ту — монанди шахси яроқнок.
12 Одами сафил, шахси талбискор
бо каҷии даҳон рафтор мекунад,
13 Чашмакӣ мезанад, бо пойҳои худ сухан меронад,
бо ангуштҳои худ имо мекунад;
14 Дасисаҳо дар дили ӯст;
ҳамеша андешаи бад мекунад, ситезаҳо меангезад;
15 Бинобар ин ногаҳон ҳалокати ӯ хоҳад омад,
нохост ӯ ба шикаст дучор хоҳад шуд, ва муолиҷае нахоҳад буд.
16 Инак шаш чиз, ки Худованд аз онҳо нафрат дорад,
ва чизи ҳафтум, ки асли моҳияти он назди Ӯ зишт аст:
17 Чашмони ҳавобаландона, забони дурӯғгӯй
ва дастҳое ки хуни бегуноҳро мерезад,
18 Диле ки қасдҳои бадро мепарварад,
пойҳое ки сӯи бадӣ мешитобад,
19 Шоҳиди козибе ки суханони дурӯғ мебофад
ва шахсе ки дар миёни бародарон ситезаҳо меангезад.
20 Эй писарам! Ҳукми падаратро риоя намо,
ва таълими модаратро рад накун;
21 Онҳоро бар дили худ ба таври доимӣ бибанд,
бар гардани худ онҳоро овезон бикун.
22 Вақте ки роҳ равӣ, ба ту роҳнамоӣ хоҳад кард;
вақте ки хоб равӣ, туро нигаҳбонӣ хоҳад кард;
вақте ки бедор шавӣ, бо ту мусоҳиба хоҳад кард,
23 Зеро ки ҳукм чароғ аст, ва таълим нур аст,
ва насоеҳи адабомӯз роҳи ҳаёт аст,
24 То ки туро аз зани бадрафтор,
аз нармзабонии зани зинокор нигоҳ дорад.
25 Зебоии варо дар дили худ тамаъ накун,
ва туро вай бо пилкҳои худ ҷалб накунад,
26 Чунки аз дасти зани зинокор кас мӯҳтоҷи як лаб нон мешавад,
ва зани шавҳардор ҷони азизеро ба дом меоварад.
27 Оё мумкин аст, ки касе оташро дар бағали худ бигирад,
ва либосҳояш насӯзад?
28 Ё ки касе бар оташпораҳо роҳ равад,
ва пойҳояш насӯзад?
29 Чунин аст ҳоли касе ки назди зани ёри худ биёяд:
ҳар кӣ ба вай даст расонад, пок нахоҳад монд.
30 Дуздро афв мекунанд, агар ӯ дуздӣ кунад,
то ки ҷони худро сер кунад, вақте ки гурусна монда бошад;
31 Вале ҳангоме ки вай дастгир мешавад, ҳафт чандон адо хоҳад кард:
оре, тамоми бисоти хонаи худро хоҳад дод.
32 Касе ки бо зане зино кунад, беақл аст:
нобудкунандаи ҷони худ чунин амал мекунад.
33 Ӯ зарбу лат ва шармандагӣ хоҳад ёфт,
ва расвоии ӯ аз миён нахоҳад рафт,
34 Чунки рашк ғазаби шавҳарро меафрӯзад,
ва дар рӯзи ниқор ӯ раҳм нахоҳад кард:
35 Ба бадали ҳеҷ фидия ба ту рӯйбинӣ нахоҳад кард,
ва ришваро ҳар чанд бисьёр диҳӣ, розӣ нахоҳад шуд.
7БОБИ ҲАФТУМ
Давоми он. Оқибати ғамангези ҳаёти фосиқона.
1 Эй писарам! Суханони маро риоя намо,
ва аҳкоми маро назди худ ниҳон дор.
2 Аҳкоми маро ҳифз намо ва зиндагӣ бикун,
ва таълими маро — ҳамчун гавҳараки чашмони худ;
3 Онҳоро бар ангуштҳои худ бибанд,
онҳоро бар лавҳи дили худ бинавис.
4 Ба ҳикмат бигӯй: «Ту хоҳари ман ҳастӣ!»,
ва хирадро хешованди худ бихон,
5 То ки туро аз зани ғайр нигаҳбонӣ намояд,
аз зани зинокоре ки гуфтори худро нарм мекунад.
6 Зеро ки аз тирезаи хонаи худ,
аз равзани худ назар андохтам,
7 Ва дар байни соддадилон дидам,
ҷавони беақлеро мушоҳида намудам,
8 Ки дар бозор назди гӯшаи вай мегузашт
ва ба роҳи хонаи вай қадам мезад,
9 Дар вақти салқинии бегоҳии рӯз,
дар торикии шаб ва дар зулмот.
10 Ва инак, зане аз пеши ӯ баромад,
бо либоси фоҳиша ва бо дили пурфиреб,
11 Зани пуршӯр ва беҳаё,
ки пойҳои вай дар хонаи вай сокин нест:
12 Гоҳ дар берун аст, гоҳ дар кӯчаҳо,
ва назди ҳар гӯша вай камин мекунад.
13 Ва ӯро дошту бӯса кард,
ва бо чеҳраи бешарм ба ӯ гуфт:
14 «Қурбониҳои саломатӣ бар зиммаи ман буд:
имрӯз назрҳои худро адо кардам.
15 Бинобар ин ба пешвози ту баромадам,
то ки рӯи туро пазироӣ намоям, ва туро ёфтам.
16 Ҷогаҳи худро бо қолинҳо оростаам,
бо сӯзаниҳои пурнақши мисрӣ.
17 Ҷойхоби худро бо мур,
уд ва дорчин муаттар кардаам.
18 Биё, ки мо то дами субҳ аз ишқбозӣ сер шавем,
сармасти муҳаббат гардем,
19 Чунки шавҳар дар хона нест:
ба сафари дур рафтааст;
20 Ҳамьёни нуқра ба дасти худ гирифтааст;
дар рӯзи моҳи пурра ба хонаи худ хоҳад баргашт».
21 Бо чарбгӯии зиёд дили ӯро рабуд,
бо чоплусии лабҳои худ ӯро фирефта кард.
22 Дарҳол ӯ аз паи вай равона шуд,
мисли барзагове ки сӯи кушишхона меравад,
ва мисли аблаҳе — сӯи занҷири ҷазо,
23 То даме ки тир ҷигари ӯро реш кунад;
мисли мурғаке ки сӯи дом мешитобад,
ва намедонад, ки он барои ҳалокати ҷони ӯст.
24 Пас, эй писарон, маро бишнавед,
ва ба гуфтори даҳони ман диққат намоед.
25 Дили худро ба роҳҳои вай моил накун,
ба тариқҳои вай гумроҳ нашав,
26 Зеро ки вай касони зиёдро ғалтонида маҷрӯҳ кардааст,
ва мақтулони вай аз ҳад афзунанд:
27 Хонаи вай роҳҳои дӯзах аст,
ки ба таҳхонаҳои мамот фурӯд меоянд.
8БОБИ ҲАШТУМ
Ситоиши ҳикмат.
1 Оё ҳикмат даъват наменамояд?
Оё хирад овози худро намебарорад?
2 Дар ҷойҳои баланди сари роҳ,
дар миёни чорроҳа меистад;
3 Дар паҳлуи дарвозаҳо, назди даромадгоҳи шаҳр,
дар остонаи дарҳо нидо мекунад:
4 «Шуморо, эй шахсон, даъват менамоям,
ва овози ман барои банӣ‐одам аст.
5 Эй соддадилон! Фаросат биомӯзед,
ва эй аблаҳон, дониш биомӯзед.
6 Бишнавед, чунки суханони муҳим мегӯям,
ва он чи аз лабҳои ман мебарояд, рост аст,
7 Зеро ки забони ман сухани ростро баён мекунад,
ва шарорат барои лабҳои ман зишт аст;
8 Ҳамаи суханони даҳони ман ҳаққонист;
дар онҳо каҷравӣ ва талбис нест;
9 Ҳамааш барои хирадманд равшан аст,
ва барои ёбандагони дониш рост аст.
10 Насиҳати маро бештар аз нуқра қабул кунед,
ва донишро беҳтар аз зари холис бидонед;
11 Зеро ки ҳикмат беҳ аз ҷавоҳир аст,
ва ҳеҷ чизи дилхоҳ ба он баробар нест.
12 Ман, ҳикмат, дар фаросат сокин ҳастам,
ва дониши тадбирсозро пайдо мекунам.
13 Худотарсӣ — аз бадӣ нафрат доштан аст:
аз ғурур, ва ҳавобаландӣ, ва роҳи бад,
ва даҳони каҷгуфтор нафрат дорам.
14 Машварат ва зиракӣ дар ман аст;
ман хирад ҳастам; қувват дар ман аст.
15 Бо ман подшоҳон салтанат меронанд,
ва мирон адлро ба сурати қонун медароваранд.
16 Бо ман сарварон, ва акобир,
ва ҳамаи доварони замин сардорӣ мекунанд.
17 Дӯстдорони худро дӯст медорам,
ва толибони ман маро хоҳанд ёфт.
18 Сарват ва ҷалол,
ганҷи бақодор ва хайр бо ман аст.
19 Самари ман беҳ аз тилло ва зари холис аст,
ва ҳосили ман беҳ аз нуқраи хушъиёр аст.
20 Бо роҳи адолат,
андаруни тариқҳои инсоф меравам,
21 То ки дӯстдорони худро соҳиби сарват гардонам
ва ганҷинаҳошонро пур кунам.
22 Худованд маро ибтидои роҳи Худ сохтааст, —
пеш аз амалиёти Худ, аз қадимулайём:
23 Аз азал тарҳ ёфтаам, —
аз ибтидо, пеш аз хилқати замин.
24 Вақте ки вартаҳо набуд, ба вуҷуд омадаам, —
вақте ки чашмаҳои пур аз об набуд.
25 Пеш аз барпо шудани кӯҳҳо,
пеш аз талҳо ба вуҷуд омадаам,
26 Вақте ки замин ва саҳроҳо
ва аввали ғубори дуньёро Ӯ ҳанӯз наофарида буд.
27 Вақте ки Ӯ афлокро муҳайё мекард, он ҷо будам.
Вақте ки Ӯ хати уфуқро бар рӯи варта мекашид,
28 Вақте ки абрҳоро дар боло барқарор менамуд,
вақте ки чашмаҳои вартаро мустаҳкам мекард,
29 Вақте ки низоми баҳрро амр мефармуд,
то ки обҳо аз ҳудуди он нагузаранд,
вақте ки асосҳои заминро мегузошт, —
30 Он вақт назди Ӯ дастпарвард будам,
ва ҳар рӯз ҳаловат мебурдам,
ва ба ҳузури Ӯ ҳамеша хушҳолӣ менамудам, —
31 Дар замини офаридаи Ӯ хушҳолӣ менамудам,
ва ба туфайли банӣ‐одам ҳаловат мебурдам.
32 Ва акнун, эй писарон, маро бишнавед;
хушо касоне ки роҳҳои маро риоят мекунанд!
33 Насиҳатро бишнавед, ва ҳикматпеша бошед, ва онро рад накунед.
34 Хушо касе ки маро мешунавад,
ҳар рӯз назди дарвозаи ман бедор меистад
ва паҳлудариҳои маро нигаҳбонӣ мекунад!
35 Зеро касе ки маро ёфта бошад, ҳаётро ёфтааст,
ва аз ҷониби Худованд ҳусни таваҷҷӯҳ хоҳад ёфт.
36 Валекин касе ки аз ман дур шавад, ба ҷони худ ҷафо мекунад;
ҳамаи онҳое ки аз ман нафрат доранд, мамотро дӯст медоранд».
9БОБИ НӮҲУМ
Давоми он.
1 Ҳикмат хонаи худро бино кард,
ҳафт рукни онро тарошид,
2 Парвории худро забҳ намуд, шароби худро омехта кард,
ва суфраи худро орост;
3 Канизони худро фиристод,
то ки аз болои баландиҳои шаҳр даъват намоянд:
4 «Касе ки соддадил аст, ин ҷо биёяд!»
Ба ҳар каси беақл гуфт:
5 «Биёед, аз нони ман бихӯред, ва аз шаробе ки омехта кардаам, бинӯшед;
6 Соддадилиро тарк намоед ва зиндагӣ кунед,
ва бо роҳи хирад қадамгузор шавед».
7 Ҳар кӣ масхарабозро насиҳат диҳад, ба худаш нанг меоварад,
ва ҳар кӣ шарирро мазаммат кунад, худро доғдор месозад.
8 Масҳарабозро мазаммат накун: мабодо аз ту нафрат кунад;
хирадмандро мазаммат намо, ва ӯ туро дӯст хоҳад дошт.
9 Хирадмандро сабақ омӯз, ва ӯ боз ҳам хирадмандтар хоҳад шуд;
одилро таълим деҳ, ва дониши ӯ хоҳад афзуд.
10 Ибтидои ҳикмат тарси Худованд аст,
ва шинохтани Қуддус хирад аст,
11 Чунки ба воситаи ман айёми ту зиёд хоҳад шуд,
ва солҳои умри ту хоҳад афзуд.
12 Агар хирадманд бошӣ, ба нафъи худат хирадманд ҳастӣ;
ва агар масхарабоз бошӣ, бори онро танҳо худат хоҳӣ бардошт.
13 Зани аблаҳ пуршӯр ва сабукмағз аст,
ва чизе намедонад,
14 Ва назди дари хонаи худ, бар курсӣ,
дар ҷойҳои баланди шаҳр менишинад,
15 То ки роҳгузаронро даъват намояд, —
онҳоеро, ки бо роҳҳои рости худ равонанд:
16 «Касе ки соддадил аст, ин ҷо биёяд!»
Ва ба ҳар каси беақл гуфт:
17 «Оби дуздӣ ширин аст,
ва нони рустӣ лазиз аст».
18 Ва ӯ намедонад, ки он ҷо мурдагон ҳастанд:
онҳое ки вай даъват намудааст, дар қаъри дӯзах мебошанд.
10БОБИ ДАҲУМ
Шарорат беандешагист. Адолат ҳикмат аст.
1 Масалҳои Сулаймон.
Писари бохирад падарро шод мекунад,
вале писари аблаҳ сабаби андӯҳи модари худ мешавад.
2 Ганҷҳои шарорат фоида намебахшад,
вале адолат аз мамот халосӣ медиҳад.
3 Худованд ҷони одилро гирифтори гуруснагӣ намекунад,
вале ҳирси шариронро рад мекунад.
4 Дасти танбал касро бенаво мегардонад,
вале дасти ғайратмандон онҳоро сарватманд мекунад.
5 Касе ки тобистон ғунучин кунад, писари бофаҳм аст,
вале касе ки дар мавсими дарав хоб равад, писари нанговар аст.
6 Баракатҳо бар сари одил аст,
вале даҳони шариронро зулм мепӯшонад.
7 Зикри одил муборак аст,
вале номи шарирон зуд аз байн меравад.
8 Донодил аҳкомро қабул мекунад,
вале аблаҳи даҳаньяла пешпо мехӯрад.
9 Касе ки бо тариқи рост равон аст, дар амният равон аст,
вале касе ки роҳҳои худро каҷ кунад, сазои худро меёбад.
10 Касе ки чашмакӣ занад, сабаби дарду алам мешавад,
вале аблаҳи даҳаньяла пешпо мехӯрад.
11 Даҳони одил чашмаи ҳаёт аст,
вале даҳони шариронро зулм мепӯшонад.
12 Адоват нифоқҳо меандозад,
вале муҳаббат ҳамаи гуноҳҳоро рӯпӯш мекунад.
13 Дар лабҳои оқил ҳикмат мавҷуд аст,
вале чӯб барои тахтапушти беақл аст.
14 Хирадмандон донишро саришта мекунанд,
вале даҳони аблаҳ таҳлукаи наздик аст.
15 Дороии сарватдор қалъаи мустаҳками ӯст;
бенавоии камбағалон таҳлукаи онҳост.
16 Мукофоти амали одил барои ҳаёт аст;
фоидаи шарир барои гуноҳ аст.
17 Касе ки насиҳатро риоя кунад, бо роҳи ҳаёт равон аст;
вале касе ки мазамматро рад кунад, гумроҳ мешавад.
18 Касе ки адоватро рӯпӯш намояд, дурӯғгӯй аст,
ва касе ки бӯҳтон занад, аблаҳ аст.
19 Сухани бисьёр аз гуноҳ фориғ нест,
ва касе ки лабҳои худро боздорад, оқил аст.
20 Забони одил нуқраи холис аст,
вале дили шарир ночиз аст.
21 Лабҳои одил касони бисьёрро ҳидоят мекунад,
вале аблаҳон аз беақлӣ мемиранд.
22 Баракати Худованд сарватманд мекунад,
ва ғаму ғуссае бо худ намеоварад.
23 Бадкирдорӣ барои аблаҳ мисли дилхушист,
вале ҳикмат ба шахси хирадманд хос аст.
24 Биме ки шарир дорад, ба сари вай меояд,
вале муроди одилон ҳосил мешавад.
25 Вақте ки гирдбод вазида гузарад, шарир нест мешавад,
вале одил буньёди ҷовидонӣ дорад.
26 Чунон ки сирко барои дандонҳост ва дуд барои чашмҳо,
ончунон коҳил барои фиристандагони худ мебошад.
27 Худотарсӣ айёмро меафзояд,
вале солҳои шарирон кӯтоҳ мешавад.
28 Интизории одилон шодмонист,
вале умедвории шарирон нест мешавад.
29 Роҳи Худованд барои шахси беайб истеҳком аст,
вале барои бадкирдорон таҳлука аст.
30 Одил ҳаргиз фурӯ намеғалтад,
вале шарирон сокини замин намешаванд.
31 Даҳони одил ҳикматро ифода менамояд,
вале забони каҷгуфтор бурида мешавад.
32 Лабҳои одил суханони дилхоҳро медонад,
вале даҳони шарирон — каҷгуфториро.
11БОБИ ЁЗДАҲУМ
Муқоиса кардани адолат ва шарорат.
1 Тарозуи нодуруст назди Худованд зишт аст,
вале санги дақиқ ба Ӯ мақбул аст.
2 Ғурур биёяд, нанг ҳам меояд,
вале ҳикмат бо фурӯтанон аст.
3 Беайбии ростдилон онҳоро роҳнамоӣ мекунад,
вале каҷравии хоинон онҳоро ба ҳалокат мерасонад.
4 Сарват дар рӯзи ғазаб мадад намекунад,
вале адолат аз мамот халосӣ медиҳад.
5 Адолати шахси беайб роҳи ӯро ҳамвор мекунад,
вале шарир дар шарорати худ фурӯ меғалтад.
6 Адолати ростдилон онҳоро наҷот медиҳад,
вале хоинон дар ҳирси худ гирифтори бало мешаванд.
7 Бо мурдани шахси шарир умеди вай барбод меравад,
ва интизории ҷафокорон нест мешавад.
8 Одил аз мусибат халосӣ меёбад,
ва шарир ба ҷои ӯ ба дом меояд.
9 Тамаллуқкор бо даҳонаш ёри худро фосид мекунад,
вале одилон ба воситаи дониш раҳо мешаванд.
10 Ба некрӯзии одилон шаҳр шодӣ мекунад,
ва ба ҳалокати шарирон — таронасароӣ.
11 Аз баракати росткорон шаҳр сарбаланд мегардад,
вале аз даҳони шарирон хароб мешавад.
12 Касе ки аз ёри худ нафрат кунад, беақл аст,
вале шахси хирадманд хомӯш мемонад.
13 Хабаркаш сирро ошкор мекунад,
вале шахсе ки рӯҳан вафодор аст, ҳар чизро ниҳон медорад.
14 Тадбирсозӣ набошад, қавм фурӯ меғалтанд,
вале наҷот аз машварати бисьёр аст.
15 Касе ки ба одами бегона зомин шавад, худаш зарар мебинад,
вале касе ки аз замонат нафрат кунад, аз зарар эмин аст.
16 Зани нексиришт ҷалол меёбад,
вале касони зӯрманд сарват меёбанд.
17 Шахси эҳсонкор ба ҷони худаш некӣ мекунад,
вале каси дилсахт ҷисми худашро хароб мекунад.
18 Шарир музди ноҳақ пайдо мекунад,
вале корандаи адолат — подоши ҳақиқӣ.
19 Адолатпарварӣ боиси ҳаёт мешавад,
вале шароратпеша сӯи мамоти худ меравад.
20 Каҷдилон назди Худованд зиштанд,
вале касоне ки роҳашон рост аст, ба Ӯ мақбуланд.
21 Яқин аст, ки бадкеш беҷазо намемонад,
вале насли одилон раҳо мешавад.
22 Чӣ гунае ки ҳалқаи тилло дар бинии хук бошад,
зани хушрӯй ва беақл он гуна аст.
23 Муроди одилон фақат некӯист;
умедвории шарирон ғазаб аст.
24 Яке тақсим карда медиҳад, ва сарвати ӯ боз ҳам зиёд мешавад;
вале дигаре аз ҳад зиёд сарфакор аст, ва сарвати ӯ торафт кам мешавад.
25 Ҷони сахӣ пурфайз мешавад,
ва касе ки сероб кунад, худаш низ сероб мегардад.
26 Касе ки ғалларо аз фурӯш нигоҳ дорад, ӯро халқ лаънат мекунанд;
вале бар сари ғаллафурӯш баракат меояд.
27 Касе ки шавқманди некӯист, ҳусни таваҷҷӯҳро меҷӯяд;
вале касе ки толиби бадист, он бар сари худаш меояд.
28 Касе ки ба сарвати худ умед бандад, фурӯ меғалтад;
вале одилон мисли барг месабзанд.
29 Касе ки рӯзгори хонаи худро хароб кунад, бод насибаш мешавад,
ва аблаҳ бандаи шахси донодил мегардад.
30 Меваи одил дарахти ҳаёт аст,
ва он ки ҷонҳоро ҷалб менамояд, хирадманд аст.
31 Модоме ки одил бар замин сазо меёбад,
чӣ қадар бештар шарир ва гуноҳкор.
12БОБИ ДУВОЗДАҲУМ
Давоми он. Фарқи байни одил ва шарир.
1 Касе ки насиҳатро дӯст дорад, донишро дӯст медорад,
вале касе ки аз мазаммат нафрат кунад, монанди ҳайвон аст.
2 Каси нек аз ҷониби Худованд ҳусни таваҷҷӯҳ меёбад;
вале шахси дасисакорро Ӯ маҳкум мекунад.
3 Одамизод бо шарорат устувор намешавад,
вале решаи одилон ноҷунбон аст.
4 Зани солеҳа тоҷи шавҳари худ мебошад,
вале зани нанговар мисли фасоде дар устухонҳои ӯст.
5 Фикру хаёли одилон инсоф аст;
вале тадбирсозиҳои шарирон макр аст.
6 Суханони шарирон камин аст барои хунрезӣ,
вале даҳони росткорон онҳоро халосӣ медиҳад.
7 Ҳамин ки шарирон фурӯ ғалтанд, нест мешаванд,
вале хонаи одилон қоим меистад.
8 Одамро аз рӯи ақлаш ситоиш мекунанд,
вале каҷдил ба нафрат дучор мешавад.
9 Каси оддие ки ғуломе дорад,
беҳ аз касе ки худро болонишин нишон медиҳад,
вале мӯҳтоҷи нон аст.
10 Одил ба ҷони чорвои худ раҳм мекунад,
вале марҳаматҳои шарирон бераҳмона аст.
11 Касе ки замини худро кор кунад, аз нон сер мешавад,
вале касе ки аз паи корҳои ҳеҷу пуч шавад, беақл аст.
12 Шарир ҳавас дорад ба доми бадкешон дароварад,
вале решаи одилон самар меоварад.
13 Гуноҳи лабҳо барои бадкеш дом аст,
вале одил аз тангӣ берун меояд.
14 Аз самари даҳони худ кас аз некӯӣ сер мешавад,
ва подоши аъмоли дастҳои одам ба ӯ бармегардад.
15 Роҳи аблаҳ дар назари худаш рост аст,
вале касе ки машваратро шунавад, хирадманд аст.
16 Хашми аблаҳ дарҳол маълум мешавад,
вале шахси бофаросат дашномро шунида, худдорӣ мекунад.
17 Каси ростгӯй адолатро баён мекунад,
вале шоҳиди козиб — фиребро.
18 Баъзеҳо неши забон мезананд, ки мисли зарби шамшер аст,
вале забони хирадмандон офият мебахшад.
19 Даҳони ростгӯй то абад қоим аст,
вале забони дурӯғгӯй — то як чашм задан.
20 Дар дили бадандешон макр аст,
вале дар дили оштидиҳандагон — шодӣ.
21 Ба одил ҳеҷ осеб намерасад,
вале шарирон пур аз бадбахтӣ ҳастанд.
22 Даҳони дурӯғгӯй назди Худованд зишт аст,
вале росткорон ба Ӯ мақбуланд.
23 Шахси бофаросат донишро пӯшида медорад,
вале дили аблаҳон беақлиро зоҳир месозад.
24 Дасти ғайратмандон ҳукмфармо мешавад,
вале танбал гирифтори хироҷи бандагӣ мегардад.
25 Ғуссаи дили одам ӯро фишор медиҳад,
вале сухани меҳрубонона ӯро хурсанд мекунад.
26 Одил ба ёри худ роҳ нишон медиҳад,
вале роҳи шарирон онҳоро дар иштибоҳ меандозад.
27 Танбал сайдашро бирьён намекунад,
вале молу мулки одами ғайратманд гаронбаҳост.
28 Дар тариқи адолат ҳаёт аст,
ва хати роҳи он лоямут аст.
13БОБИ СЕЗДАҲУМ
Давоми он.
1 Писари бохирад насиҳати падарро қабул мекунад,
вале масхарабоз итобро намешунавад.
2 Аз самари даҳони худ кас некӯиро мечашад,
вале ҷони хоинон — зулмро.
3 Касе ки даҳони худро нигоҳ дорад, ҷонашро муҳофизат мекунад,
вале касе ки даҳони худро калон кушояд, ба вай осеб мерасад.
4 Ҷони коҳил ҳавас мекунад, ва натиҷае нест;
вале ҷони ғайратмандон сер мешавад.
5 Одил аз гапи дурӯғ кароҳат дорад,
вале шарир бадном ва расво мешавад.
6 Адолат ростравро нигаҳбонӣ мекунад,
вале шарорат хатокорро ба ҳалокат мерасонад.
7 Яке худро сарватманд нишон медиҳад, ва чизе надорад;
вале дигаре худро бенаво нишон медиҳад, ва сарвати зиёде дорад.
8 Сарвати одам фидияи ҷони ӯст;
вале бенаво таҳдидро намешунавад.
9 Нури одилон шодиёна медурахшад,
вале чароғи шарирон хомӯш мешавад,
10 Аз ғурур фақат низоъ ба миён меояд,
вале ҳикмат бо хоксорони машваратшунав аст.
11 Сарвате ки аз ҳеҷу пуч пайдо шуда бошад, торафт кам мешавад,
вале касе ки бо амали дасташ ғун карда бошад, онро афзун менамояд.
12 Умедвории дуру дароз дилро бемор мекунад,
вале муроде ки ҳосил шуда бошад, дарахти ҳаёт аст.
13 Касе ки ба калом беэътиноӣ кунад, ба худаш осеб мерасонад;
вале касе ки аз аҳком тарсон бошад, мукофот меёбад.
14 Таълими хирадманд чашмаи ҳаёт аст,
ки аз домҳои мамот дур мекунад.
15 Ақли расо ҷозиба мебахшад,
вале роҳи хоинон сахт аст.
16 Ҳар шахси бофаросат бо дониш амал мекунад,
вале аблаҳ беақлиро нишон медиҳад.
17 Элчии шарир ба бало мемонад,
вале қосиди амин тасаллӣ мебахшад.
18 Бенавоӣ ва нанг насиби касест, ки насиҳатро рад кунад;
вале касе ки мазамматро қабул кунад, мӯҳтарам мешавад.
19 Муроде ки ҳосил шуда бошад, барои ҷон хуш аст,
ва дур шудан аз бадӣ барои аблаҳон зишт аст.
20 Касе ки бо хирадмандон гардад, хирадманд мешавад;
вале касе ки бо аблаҳон ҷӯра шавад, шикаст мехӯрад.
21 Хатокоронро бадӣ таъқиб мекунад,
вале одилон мукофоти нек меёбанд.
22 Некӯкор ба писарони писаронаш мерос боқӣ мегузорад,
вале сарвати хатокор барои одил саришта карда мешавад.
23 Дар киштзори бенавоён озуқа бисьёр аст,
вале аз боиси бесомонӣ нобуд мешаванд.
24 Касе ки чӯбро дареғ дорад, писари худро дӯст намедорад;
вале касе ки ӯро дӯст дорад, аз бачагиаш ҷазо медиҳад.
25 Одил барои серии ҷонаш мехӯрад,
вале шиками шарирон мӯҳтоҷӣ мекашад.
14БОБИ ЧОРДАҲУМ
Давоми он. Ҳамд дар шаъни ҳикмате ки дар ҳаёти ҳаррӯза зоҳир мешавад.
1 Ҳикмати зан хонаи варо бино мекунад,
вале зани аблаҳ бо дасти худ онро вайрон мекунад.
2 Касе ки бо роҳи рост равад, тарсгори Худованд аст,
вале касе ки роҳҳояш каҷ аст, Ӯро хор медорад.
3 Дар даҳони аблаҳ навдаи ғурур аст,
вале лабҳои хирадмандон онҳоро нигаҳбонӣ мекунад.
4 Агар барзаговҳо набошад, охур холист,
вале аз қуввати барзагов маҳсулот бисьёр аст.
5 Шоҳиди амин дурӯғ намегӯяд,
вале шоҳиди козиб суханони дурӯғ мебофад.
6 Масхарабоз ҳикмат меҷӯяд, ва намеёбад;
вале барои оқил дониш осон аст.
7 Аз ҳузури шахси аблаҳ дур шав,
вагар на лабҳои оқилонаро нахоҳӣ донист.
8 Ҳикмати шахси бофаросат — дар фаҳмидани роҳи ӯст;
вале беақлии аблаҳон макр аст.
9 Беақлонро гуноҳ миёнарав аст,
вале дар миёни росткорон — ҳусни таваҷҷӯҳ.
10 Дил талхии ҳиссиёти худро медонад,
ва дар шодии вай бегонае иштирок надорад.
11 Хонаи шарирон вайрон мешавад,
вале хаймаи росткорон нашъунамо меёбад.
12 Роҳе ҳаст, ки ба назари кас рост менамояд,
вале оқибаташ роҳҳои мамот аст.
13 Дар вақти ханда ҳам баъзан дили кас дард мекунад,
ва шодие ҳаст, ки оқибаташ андӯҳ аст.
14 Каҷдил аз роҳҳои худ сер мешавад,
ва шахси нек — аз амалиёти худ.
15 Соддадил ба ҳар сухан имон меоварад,
вале бофаросат ба ҳар қадами худ диққат медиҳад.
16 Хирадманд метарсад ва аз бадӣ дур мешавад,
вале аблаҳ пурғурур ва худписанд аст.
17 Тундмизоҷ беаклӣ мекунад,
ва шахси дасисакор нафратангез аст.
18 Насиби соддадилон беақлист,
вале дониш тоҷи бофаросатон аст.
19 Бадон назди некон сархам меистанд,
ва шарирон — пеши дарвозаҳои одилон.
20 Бенаво барои ёри худ низ нафратангез аст,
вале сарватдор дӯстони бисьёре дорад.
21 Касе ки аз ёри худ нафрат дорад, гуноҳ мекунад,
вале хушо касе ки хайрхоҳи мискинон аст!
22 Оё бадандешон гумроҳ намешаванд?
Вале эҳсон ва ростӣ бо некандешон аст.
23 Дар ҳар кори сахт нафъе ҳаст,
вале пургӯӣ фақат сӯи бенавоӣ мебарад.
24 Тоҷи хирадмандон сарвати онҳост;
вале тавонгарии аблаҳон беақлист.
25 Шоҳиди ростгӯй ҷонҳоро халос мекунад,
вале шоҳиди маккор суханони дурӯғ мебофад.
26 Дар худотарсӣ қалъаи мустаҳкаме ҳаст,
ва вай барои фарзандонаш паноҳгоҳ мешавад.
27 Худотарсӣ чашмаи ҳаёт аст,
ва аз домҳои мамот дур мекунад.
28 Шавкати подшоҳ дар бисьёрии қавм аст,
ва шикасти амир дар камии қабила аст.
29 Собир пурхирад аст,
вале зудранҷ беақлиро зоҳир месозад.
30 Дили ором ҳаёти ҷисм аст,
вале ҳасад фасоди устухонҳост.
31 Касе ки бенаворо ба танг оварад, Офаринандаи ӯро хорӣ медиҳад,
вале касе ки ба мискин марҳамат мекунад, Ӯро ҷалол медиҳад.
32 Шарир барои бадии худ рад карда мешавад,
вале одил дар вақти мамоти худ низ ба Худо паноҳ мебарад.
33 Ҳикмат дар дили оқил қарор меёбад,
вале он чи андаруни аблаҳон аст, ошкор мешавад,
34 Адолат қавмро сарбаланд мегардонад,
вале гуноҳ нанги қабилаҳост.
35 Таваҷҷӯҳи подшоҳ бар бандаи соҳибфаҳм аст,
вале хашми ӯ — бар каси нанговар.
15БОБИ ПОНЗДАҲУМ
Ҳикмат наҷот аст.
Гуноҳ ва аблаҳӣ ҳалокат аст.
1 Ҷавоби нарм ғазабро фурӯ менишонад,
вале сухани сахт хашмро бармеангезад.
2 Забони хирадмандон донишро зебо мегардонад,
вале даҳони аблаҳон беақлиро ифода мекунад.
3 Чашмони Худованд дар ҳама ҷост:
бадон ва неконро мушоҳида менамояд.
4 Чарбзабонӣ дарахти ҳаёт аст,
вале бадзабонӣ шикастагии рӯҳ аст.
5 Беақл ба насиҳати падари худ беэътиноӣ менамояд,
вале касе ки мазамматро риоя кунад, бофаросат аст.
6 Дар хонаи одил сарват фаровон аст,
вале дар ҳосили шарир машаққат аст.
7 Лабҳои хирадмандон донишро паҳн менамояд,
вале дили аблаҳон чунин нест.
8 Қурбонии шарирон назди Худованд зишт аст,
вале дуои росткорон писандидаи Ӯст.
9 Тариқи шарир назди Худованд зишт аст,
вале пайрави адолатро Ӯ дӯст медорад.
10 Барои тарккунандаи тариқат сазои бад муҳайёст,
ва бадхоҳи мазаммат мемирад.
11 Дӯзах ва асфалуссофилин пеши назари Худованд аст,
алалхусус дилҳои банӣ‐одам.
12 Масхарабоз дӯст намедорад, ки ӯро мазаммат кунанд;
бинобар ин назди хирадмандон намеравад.
13 Дили шод чеҳраро зебо мегардонад,
вале аз андӯҳи дил рӯҳ маъюс мешавад.
14 Дили оқил орзуманди дониш аст,
вале даҳони аблаҳон аз беақлӣ ғизо мегирад.
15 Тамоми айёми мискин бад аст;
вале дилхушро ҳамеша базм аст.
16 Дороии каме бо худотарсӣ
беҳ аз ганҷи бузурги пурфитна.
17 Таоми сабзавот дар ҷое ки муҳаббат бошад,
беҳ аз гови охурӣ, ки бо он адоват бошад.
18 Шахси тундмизоҷ нифоқ меандозад,
вале собир ҷанҷолро сокит мекунад.
19 Роҳи коҳил монанди хорбаст аст,
вале тариқи ростравон ҳамвор аст.
20 Писари бохирад падарро шод мекунад,
вале одами аблаҳ аз модари худ нафрат дорад.
21 Беақлӣ барои аблаҳ шодмонист,
вале шахси хирадманд бо роҳи рост меравад.
22 Бе машварат нақшаҳо вайрон мешавад,
вале бо кӯмаки мушовирони бисьёр иҷро меёбад.
23 Шодӣ барои одам дар ҷавоби даҳони ӯст:
чӣ хуш аст сухани бамавқеъ!
24 Тариқи ҳаёти соҳибфаҳм ӯро боло мебардорад,
то ки аз дӯзахи поён дур шавад.
25 Хонаи мағруронро Худованд хароб мекунад,
вале марзаи беваро устувор менамояд.
26 Қасдҳои бад назди Худованд зишт аст,
вале суханони хуш барои Ӯ пок аст.
27 Ҳаромризқ хонаи худро вайрон мекунад,
вале касе ки аз инъомҳо нафрат дорад, зист мекунад.
28 Дили одил барои ҷавоб додан фикру хаёл мекунад,
вале даҳони шарирон бадиҳоро ифода менамояд.
29 Худованд аз шарирон дур аст,
вале дуои одилонро мешунавад.
30 Нури чашмон дилро шод мекунад,
хабари хуш устухонҳоро аз илик пур мекунад.
31 Гӯше ки панди ҳаётро шунавад,
дар миёни хирадмандон ҷойгир мешавад.
32 Касе ки насиҳатро рад кунад, аз ҷони худ безор аст,
вале касе ки пандро шунавад, ҳикмат пайдо мекунад.
33 Худотарсӣ интизоми ҳикмат аст,
ва моқабли ҷалол фурӯтанист.
16БОБИ ШОНЗДАҲУМ
Аъмоли одамон аз Худо пӯшида нест.
1 Андешаҳои дил аз они одам аст,
вале ҷавоби забон аз ҷониби Худованд аст.
2 Ҳамаи роҳҳои одам дар назари вай пок аст,
вале Худованд рӯҳҳоро месанҷад.
3 Корҳои худро ба Худованд бисупор,
ва нақшаҳои ту муваффақият хоҳад ёфт.
4 Ҳар чизро Худованд ба мақсади он мувофиқ сохтааст,
ва шарирро низ барои рӯзи бад.
5 Ҳар касе ки дили мағрур дорад, назди Худованд зишт аст;
яқин аст, ки беҷазо намемонад.
6 Гуноҳ бо эҳсон ва ростӣ кафорат мешавад,
ва бо худотарсӣ кас аз бадӣ дур мешавад.
7 Агар роҳҳои одам ба Худованд мақбул бошад,
душманонашро низ бо вай оштӣ медиҳад.
8 Дороии ками боадолат
беҳ аз мадохили фаровони ноинсофона.
9 Дили одам роҳи ӯро нақша мекашад,
вале Худованд қадамҳои ӯро равона менамояд.
10 Ҳукми илоҳие бар лабҳои подшоҳ аст:
даҳони ӯ дар доварӣ саҳв намекунад.
11 Шоҳини тарозу ва паллаҳои дурусти он аз они Худованд аст;
ҳамаи сангҳои киса низ амали Ӯст.
12 Кирдори шарирона назди подшоҳон зишт аст,
чунки тахт бо адолат қоим аст.
13 Лабҳои адлгуфтор ба подшоҳон мақбул аст,
ва ростгӯёнро онҳо дӯст медоранд.
14 Ғазаби подшоҳ малакулмавт аст,
вале шахси хирадманд онро нарм мекунад.
15 Дар нури чеҳраи подшоҳ ҳаёт аст,
ва ҳусни таваҷҷӯҳи ӯ мисли абри охири баҳор аст.
16 Пайдо кардани ҳикмат аз тилло хеле беҳтар аст,
ва пайдо кардани хирад аз нуқра афзалтар.
17 Роҳи росткорон — аз бадӣ дур шудан аст:
касе ки роҳи худро нигоҳ дорад, ҷони худро нигаҳбонӣ мекунад.
18 Моқабли шикаст ғурур аст,
ва моқабли нобарорӣ — ҳавобаландӣ.
19 Бо фурӯтанон шикастанафс будан
беҳ аз тақсим кардани ғанимат бо мағрурон.
20 Касе ки дар корҳояш эҳтиёт кунад, файз меёбад,
ва хушо касе ки ба Худованд таваккал мекунад!
21 Донодил оқил номида мешавад,
ва ширинии лабҳо донишро меафзояд.
22 Ақл барои соҳибони худ чашмаи ҳаёт аст,
вале беақлӣ ҷазои беақлон аст.
23 Дили хирадманд даҳони ӯро доно мекунад
ва бар лабҳои ӯ чарбгӯӣ меафзояд.
24 Суханони хуш шаҳдест, ки барои ҷон ширин
ва барои устухонҳо шифобахш аст.
25 Роҳе ҳаст, ки ба назари кас рост менамояд,
вале оқибаташ роҳҳои мамот аст.
26 Ҳирси меҳнаткаш барои ӯ меҳнат мекунад,
зеро ки иштиҳои ӯ ӯро маҷбур менамояд.
27 Шахси сафил бадандеш аст,
ва бар лабҳои ӯ гӯё ки оташи сӯзоне ҳаст.
28 Шахси каҷгуфтор нифоқҳо меандозад,
ва бадгӯй дӯстонро аз ҳам ҷудо мекунад.
29 Шахси золим ёри худро фирефта мекунад,
ва ӯро бо роҳи нодуруст мебарад.
30 Он ки чашмак мезанад, дасисае хаёл карда мебарорад;
он ки лабҳои худро мегазад, бадиро ба итмом мерасонад.
31 Тоҷи ҷалолат мӯйсафедист,
ки он дар роҳи адолат муяссар мегардад.
32 Собир беҳ аз баҳодур,
ва шахси худдор беҳ аз шаҳрситон.
33 Қуръа дар доман партофта мешавад,
вале ҳар натиҷаи он аз Худованд аст.
17БОБИ ҲАФДАҲУМ
Давоми он. Муқоиса кардани некӣ ва бадӣ, ҳикмат ва аблаҳӣ.
1 Як бурда нони қоқ бо осоиштагӣ
беҳ аз хонаи пур аз гӯшти қурбониҳо, ки серҷанҷол бошад.
2 Ғуломи соҳибфаҳм бар писари нанговар ҳукмфармо мешавад,
ва дар миёни бародарон меросро тақсим мекунад.
3 Бӯта барои нуқра аст, ва кӯра — барои тилло;
вале дилҳоро Худованд месанҷад.
4 Бадкеш ба лабҳои талбискор диққат мекунад;
козиб ба забони фалокатбор гӯш медиҳад.
5 Касе ки бенаворо таҳқир кунад, Офаринандаи ӯро хорӣ медиҳад;
касе ки аз ҳалокат шод шавад, беҷазо намемонад.
6 Тоҷи пирон писарони писаронанд,
ва ҷалолати писарон — падару модари онҳо.
7 Забони калонгап ба нокас намезебад,
алалхусус забони дурӯғгӯй — ба валинеъмат.
8 Инъом дар назари соҳибони он санги гаронбаҳост;
ба ҳар сӯ рӯ оварад, муваффақият меёбад.
9 Касе ки гуноҳро рӯпӯш кунад, толиби муҳаббат аст;
вале касе ки онро такроран хотиррасон намояд, дӯстонро аз ҳам ҷудо мекунад.
10 Як итоб ба оқил бештар таъсир мекунад,
назар ба сад қамчин ба аблаҳ.
11 Шарир фақат фитнаро толиб аст,
ва ба муқобили ӯ қосиди бераҳм фиристода мешавад.
12 Вохӯрдан бо хирси бачагумкарда барои одам
беҳ аз вохӯрдан бо аблаҳ дар вақти беақлии вай.
13 Касе ки дар ивази некӣ бадӣ кунад,
аз хонаи вай бадӣ дур намешавад.
14 Ибтидои нифоқ мисли рахнаи об аст:
пеш аз он ки ҷанҷол авҷ гирад, онро тарк кун.
15 Сафедкунандаи шарир ва айбдоркунандаи одил
— ҳар дуяшон ҳам назди Худованд зиштанд.
16 Чаро сарват дар дасти аблаҳ бошад?
Барои харидани ҳикмат ӯ фаҳме надорад.
17 Дӯст ҳар вақт дӯст медорад,
ва бародар барои рӯзи сахт таваллуд мешавад.
18 Одами беақл дасти паймон медиҳад
ва ба ёри худ зомин мешавад.
19 Касе ки ҷанҷолро дӯст дорад, гуноҳро дӯст медорад;
касе ки ҳавобаландона даҳон кушояд, толиби шикаст аст.
20 Каҷдил некӯӣ намеёбад,
ва забони каҷгуфтор ба бало гирифтор мешавад.
21 Касе ки аблаҳро ба дуньё оварад, барои андӯҳи худи ӯст,
ва падари фарзанди нокас шод намешавад.
22 Дили шод саломатӣ мебахшад,
вале рӯҳи ғамгин иликро хушк мекунад.
23 Шарир ришваро аз кисаи бағалӣ мегирад,
то ки роҳҳои инсофро таҳриф намояд.
24 Ҳикмат дар рӯ ба рӯи шахси оқил аст,
вале чашмони аблаҳ дар ақсои замин аст.
25 Писари аблаҳ барои падари худ алам
ва барои модари худ талхӣ мебошад.
26 Ҷарима ниҳодан бар одил низ хуб нест,
алалхусус задани наҷибон аз барои росткорӣ.
27 Соҳиби дониш суханони худро бозмедорад,
ва шахси хирадманд хунсард аст.
28 Беақл низ, агар хомӯш нишинад, хирадманд ҳисоб меёбад:
касе ки лабҳои худро бандад, оқил аст.
18БОБИ ҲАЖДАҲУМ
Давоми он.
1 Худком толиби ҳавас аст,
ба зидди ҳар зиракӣ қиём мекунад.
2 Аблаҳ хирадро дӯст намедорад,
балки фақат дили худро мехоҳад зоҳир созад.
3 Бо омадани шарир нафрат ҳам меояд,
ва бо бадномӣ — шармандагӣ.
4 Суханони даҳони одам обҳои чуқур аст;
селоб аст, ки аз чашмаи ҳикмат ҷорист.
5 Рӯйбинӣ кардан ба шарир,
ё раво надидани доварӣ ба одил хуб нест.
6 Лабҳои аблаҳ бо ҷанҷол меояд,
ва даҳони ӯ сабаби занозанӣ мешавад.
7 Даҳони аблаҳ барои ӯ таҳлука аст,
ва лабҳои ӯ барои ҷони ӯ дом аст.
8 Суханони бадгӯй мисли таомҳои лазиз аст,
ва онҳо андаруни ботин фурӯ меравад.
9 Касе ки дар кори худ танбал бошад,
бародари харобкор аст.
10 Исми Худованд бурҷи кувват аст:
одил сӯи он медавад, ва паноҳ меёбад.
11 Дороии сарватдор шаҳри мустаҳками ӯст,
ва дар хаёли ӯ мисли ҳисори баланд аст.
12 Қабл аз шикаст дили кас ғурур мекунад,
ва моқабли ҷалол фурӯтанист.
13 Касе ки ношунида ҷавоб гардонад, беақл аст,
ва ин барои ӯ нанг аст.
14 Рӯҳи одам бемории ӯро мебардорад,
вале рӯҳ агар афсурда бошад, кист, ки тавонад онро бардорад?
15 Дили оқил дониш пайдо мекунад,
ва гӯши хирадмандон толиби дониш аст.
16 Инъоми одам барои ӯ вусъат муҳайё мекунад,
ва ӯро сӯи бузургон ҳидоят менамояд.
17 Нахустин дар даъвои худ ҳақ менамояд,
вале ҳарифи ӯ меояду ӯро тафтиш мекунад.
18 Қуръа ба ситезаҳо хотима медиҳад,
ва даъвогаронро аз ҳам ҷудо мекунад.
19 Бародари ранҷида аз шаҳри мустаҳкам устувортар аст,
ва ситезаҳо ба ғалақаҳои қаср монанд аст.
20 Аз меваи даҳони одам батни ӯ пур мешавад:
аз маҳсули лабҳои худ ӯ сер мешавад.
21 Мамот ва ҳаёт дар дасти забон аст,
ва дӯстдорони он меваи онро мехӯранд.
22 Касе ки зани солеҳа дошта бошад, некбахтӣ пайдо кардааст,
ва аз ҷониби Худованд файз ёфтааст.
23 Бенаво бо зорӣ сухан меронад,
вале сарватдор бо дуруштӣ ҷавоб медиҳад.
24 Ёроне ҳастанд, ки ба шикаст мерасонанд,
вале дӯсте ҳаст, ки аз бародар маҳкамтар мечаспад.
19БОБИ НУЗДАҲУМ
Давоми он. Аблаҳӣ ва коҳилӣ зарар дорад.
1 Бенавое ки бо роҳи рости худ равон аст,
беҳ аз каҷгуфторе ки аблаҳ бошад.
2 Бепарвогии ҷон ҳам хуб нест,
ва касе ки бо пойҳои худ шитобад, пешпо мехӯрад.
3 Беақлии одам роҳи ӯро каҷ мекунад,
вале дили ӯ аз Худованд гиламанд мешавад.
4 Сарват ёрони бисьёрро ҳамроҳ мекунад,
вале бенаво аз ёри худ ҷудо мешавад.
5 Шоҳиди козиб беҷазо намемонад,
ва касе ки суханони дурӯғ бофад, раҳо намешавад.
6 Бисьёр касон дидори валинеъматро толибанд,
ва ҳама ёри шахси инъомдеҳ ҳастанд.
7 Ҳамаи бародарони бенаво аз ӯ нафрат мекунанд,
алалхусус ёронаш аз ӯ дур мешаванд;
аз паи ваъдаҳошон медавад, аммо нестанд.
8 Касе ки ҳикмат пайдо кунад, ҷони худро дӯст медорад;
касе ки хирадро нигоҳ дорад, файз меёбад.
9 Шоҳиди козиб беҷазо намемонад,
ва касе ки суханони дурӯғ бофад, ба ҳалокат мерасад.
10 Ба аблаҳ айшу тараб намезебад,
алалхусус ба ғулом — ҳукмронӣ бар мирон.
11 Ақли одам хашми ӯро бозмедорад,
ва аз бадкорӣ чашм пӯшида гузаштан ҷалолати ӯст.
12 Ғазаби подшоҳ мисли ғурриши шери ҷавон аст,
ва хусни таваҷҷӯҳи ӯ мисли шабнам аст бар алаф.
13 Писари аблаҳ фалокат аст барои падар,
ва ситезаҳои зан мисли чак‐чаки шилқин аст.
14 Хона ва дороӣ мероси падарон аст,
вале зани соҳибфаҳм аз ҷониби Худованд аст.
15 Коҳилӣ касро хоболуд мегардонад,
ва шахси танбал гирифтори гуруснагӣ мешавад.
16 Касе ки аҳкомро риоя кунад, ҷони худро нигаҳбонӣ менамояд,
вале касе ки ба роҳҳои худ беэътиноӣ кунад, ба ҳалокат мерасад.
17 Касе ки ба бенаво марҳамат кунад, ба Худованд қарз медиҳад,
ва Ӯ мукофоти некии варо ба вай адо мекунад.
18 Писари худро ҷазо деҳ, ҳанӯз ки умеде ҳаст,
ва аз гирьяи ӯ ҷони худро накоҳон.
19 Пурхашм албатта ҷазо мебинад,
чунки агар ӯро раҳо намоӣ, боз ҳам ҷазо додан лозим мешавад.
20 Машваратро бишнав ва насиҳатро қабул намо,
то ки оқибат ту хирадманд шавӣ.
21 Дар дили одам фикрҳо бисьёр аст,
вале фақат нақши Худованд ба амал меояд.
22 Ифтихори одам эҳсонкории ӯст,
ва бенаво беҳ аз шахси каззоб.
23 Худотарсӣ боиси ҳаёт аст,
ва тарсгор дар некӣ сокин аст ва аз ҳар бадӣ эмин аст.
24 Коҳил дасти худро дар табақ меандозад,
ва онро ҳатто ба даҳони худ намебарад.
25 Масхарабозро шаллоқ занӣ, соддадил ҳушьёр мешавад;
оқилро мазаммат намоӣ, насиҳатро дарк мекунад.
26 Писари нанговар ва беор падарро тороҷ мекунад,
ва модарро меронад.
27 Эй писарам! Шунидани пандро бас кун,
агар аз суханони дониш дур мешуда бошӣ.
28 Шоҳиди сафил довариро тамасхур мекунад,
ва даҳони шарирон талбисро фурӯ мебарад.
29 Қасосҳо барои масхарабозон муҳайёст,
ва зарбу латҳо — барои ҷисми аблаҳон.
20БОБИ БИСТУМ
Огоҳӣ ва пандҳо.
1 Шароб масхара медорад, бӯза талотум мекунад,
ва ҳар кӣ саргарми он гардад, хирадманд намешавад.
2 Ҳайбати подшоҳ мисли ғурриши шери ҷавон аст;
касе ки ӯро ба хашм оварад, ҷони худро дар хатар мемонад.
3 Аз ҷанҷол дур шудан барои одам шараф аст,
вале ҳар шахси беақл манша мекунад.
4 Коҳил зимистон шудгор намекунад,
ва дар мавсими дарав толиби ҳосил мешавад — ва намеёбад.
5 Андешаи дили одам обҳои чуқур аст,
вале шахси хирадманд онҳоро мекашад.
6 Бисьёр касон ба шахси эҳсонкоре дучор меоянд,
вале кист, ки тавонад шахси аминро биёбад?
7 Одил дар беайбии худ рафтор мекунад;
хушо писарони ӯ баъд аз ӯ!
8 Подшоҳ, ки бар курсии доварӣ менишинад,
бо нигоҳи чашмони худ ҳар бадиро пароканда мекунад.
9 Кист, ки тавонад бигӯяд: «Дили худро тоза кардаам,
аз гуноҳи худ пок шудаам»?
10 Сангҳои дигар‐дигар, андозаҳои дигар‐дигар —
ҳар дуяш ҳам назди Худованд зишт аст.
11 Бача низ аз рӯи корҳояш шинохта мешавад,
ки оё рафтораш пок ва рост аст ё не.
12 Гӯши шунаво ва чашми бино —
ҳар дуяшро ҳам Худованд офаридааст.
13 Хобро дӯст надор: мабодо бенаво гардӣ;
чашмонатро воз кун, то ки аз нон сер шавӣ.
14 Харидор мегӯяд: «Бад аст, бад аст»;
вале пас аз рафтани худ аз харидаш фахр мекунад.
15 Тилло ва ҷавоҳири бисьёре ҳаст,
вале лабҳои оқилона аз ҳар чиз гаронбаҳотар аст.
16 Либоси ӯро бигир, чунки ба бегона зомин шудааст:
ва аз ӯ, ки зомини шахси ғайр аст, гарав бигир.
17 Нони ҳаром ба кас ширин аст,
вале баъд даҳони ӯ аз сангреза пур мешавад.
18 Нақшаҳо бо машварат ба амал меояд,
ва ту бо тадбирсозӣ ҷанг бикун.
19 Хабаркаш сирро ошкор мекунад;
пас ту бо даҳаньяла алоқа накун.
20 Касе ки падару модари худро дашном диҳад,
чароғаш дар торикии зулмот хомӯш мешавад.
21 Меросе ки дар аввал бо осонӣ ба даст омада бошад,
оқибаташ бобаракат намешавад.
22 Нагӯй: «Барои бадӣ интиқом мегирам»;
ба Худованд таваккал намо, ва Ӯ туро наҷот медиҳад.
23 Сангҳои дигар‐дигар назди Худованд зишт аст,
ва тарозуи нодуруст хуб нест.
24 Қадамҳои кас аз ҷониби Худованд аст;
пас одамизод чӣ гуна тавонад роҳи худро бифаҳмад?
25 Чизеро сабукфикрона муқаддас хондан
ва баъд аз назр мулоҳиза кардан — дом аст барои одамизод.
26 Подшоҳи хирадманд шариронро пароканда мекунад,
ва чархро бар онҳо мегардонад.
27 Рӯҳи одам чароғи Худованд аст,
ки тамоми ботинро месанҷад.
28 Эҳсон ва ростӣ подшоҳро нигаҳбонӣ мекунад,
ва ӯ тахти худро бо эҳсон тақвият медиҳад.
29 Ҷалолати ҷавонон қуввати онҳост,
ва шавкати пирон — мӯи сафедашон.
30 Ҷароҳатҳои шаллоқ давои шахси бадкор аст,
ва зарбу лат, ки андаруни батн фурӯ меравад.
21БОБИ БИСТУ ЯКУМ
Давоми он.
Иродаи Худо дили одамонро ҳидоят менамояд.
1 Дили подшоҳ мисли ҷӯйҳои об дар дасти Худованд аст:
онро Ӯ ба ҳар куҷо ки хоҳад равона мекунад.
2 Ҳар роҳи одам дар назари вай рост аст,
вале Худованд дилҳоро месанҷад.
3 Риоя кардани адлу инсоф
назди Худованд мақбултар аз қурбонист.
4 Чашмони ҳавобаландона ва дили пурғурур
манбаи гуноҳи шарирон аст.
5 Мулоҳизаҳои шахси ғайратманд яқинан нафъовар аст,
вале ҳар шитобкор яқинан гирифтори бенавоӣ мешавад.
6 Пайдо кардани ганҷҳо бо забони дурӯғгӯй —
саъи беҳудаи толибони мамот аст.
7 Зулми шарирон онҳоро ба ҳалокат мерасонад,
чунки аз риояти инсоф даст кашидаанд.
8 Роҳи касе ки аз адл бегона аст, пур аз дасисаҳост,
вале ҳар кӣ пок бошад, амали ӯ рост аст.
9 Зистан дар гӯшаи бом
беҳ аз зистан бо зани ситезакор дар хонаи фарох.
10 Ҷони шарир бадиро орзу мекунад;
дар назари ӯ ёраш ҳам эҳтиром надорад.
11 Ҳангоме ки масхарабоз ҷазо ёбад, соддадил хирадманд мешавад;
ва ҳангоме ки хирадманд соҳиби фаҳм гардад, ӯ дониш пайдо мекунад.
12 Одил ба хонаи шарир менигарад,
ки чӣ гуна шарирон ба бало гирифтор мешаванд.
13 Касе ки гӯши худро аз фиғони бенаво баста бошад,
худаш низ фарьёд занад, фарьёдрас намеёбад.
14 Инъоми ниҳонӣ хашмро фурӯ менишонад,
ва ришваи кисагӣ — ғазаби сахтро.
15 Риояти инсоф шодмонӣ барои одилон,
ва тарсу ҳарос барои бадкирдорон аст.
16 Одаме ки аз роҳи хирад дур шуда бошад,
дар ҷамоати мурдагон сокин мешавад.
17 Касе ки айшу ишратро дӯст дорад, бенаво мешавад;
касе ки шароб ва равғанро дӯст дорад, сарватдор намешавад.
18 Барои одил шарир фидия мешавад,
ва барои росткорон — хоин.
19 Зистан дар замини бодия
беҳ аз зистан бо зани ситезакор ва хашмгин.
20 Махзани дилпазир ва равған дар маскани хирадманд аст,
вале одами аблаҳ онҳоро исроф менамояд.
21 Касе ки адолат ва марҳаматро риоят кунад,
ҳаёт, адолат ва ҷалол меёбад.
22 Хирадманд ба шаҳри зӯроварон медарояд
ва қалъаи умеди онҳоро ба хок яксон мекунад.
23 Касе ки даҳони худ ва забони худро нигоҳ дорад,
ҷони худро аз мусибатҳо муҳофизат мекунад.
24 Бадқасди ҳавобаланд, ки масхарабоз ном дорад,
бо ғазаби бадқасдона амал мекунад.
25 Ҳарисии коҳил ӯро мекушад,
чунки дастҳои ӯ кор кардан намехоҳад;
26 Ҳар рӯз ӯ пайваста ҳарисӣ мекунад,
вале одил медиҳад ва дареғ намедорад.
27 Қурбонии шарирон зишт аст,
алалхусус вақте ки онро бо нияти бад биёранд.
28 Шоҳиди козиб ба ҳалокат мерасад,
вале сухани шахси бофаҳм ҳаргиз катъ намешавад.
29 Шахси шарир чеҳраи худро бешарм мегардонад,
вале росткор роҳҳои худро месанҷад.
30 Ҳикмате нест, ва хираде нест,
ва машварате нест бар хилофи Худованд.
31 Асп барои рӯзи ҷанг тайёр аст,
вале зафар аз ҷониби Худованд аст.
22БОБИ БИСТУ ДУЮМ
Давоми он. Дар бораи номи нек.
1 Номи нек беҳ аз сарвати бузург,
ва меҳрубонӣ беҳ аз нуқра ва тилло.
2 Сарватдор ва камбағал бо ҳамдигар вомехӯранд;
ҳар дуяшонро Худованд офаридааст.
3 Шахси бофаросат мусибатро мебинад, ва пинҳон мешавад:
вале соддадилон гузашта мераванд, ва ҷазо меёбанд.
4 Подоши фурӯтанӣ ва ҳудотарсӣ
сарват ва ҷалол ва ҳаёт аст.
5 Хорҳо ва домҳо дар сари роҳи талбискор аст;
касе ки аз онҳо дур шавад, ҷони худро нигаҳбонӣ мекунад.
6 Бачаро бо роҳе ки ба ӯ мувофиқ аст, тарбият намо;
пир шавад ҳам, аз он дур намешавад.
7 Сарватдор бар камбағалон ҳукмронӣ мекунад,
ва қарздор ғуломи қарзхоҳ мегардад.
8 Касе ки тухми бедодӣ корад, бадӣ медаравад,
ва асои ғазабаш ӯро несту нобуд мекунад.
9 Сахӣ баракат меёбад,
чунки аз нони худ ба камбағал медиҳад.
10 Масхарабозро бирон, ва ситеза дур мешавад,
ва низоу нанг хотима меёбад.
11 Дӯсти покдил, ки лабҳои хуш дорад,
подшоҳ ёри ӯст.
12 Чашмони Худованд донишро нигаҳбонӣ мекунад,
вале суханони хоинро барҳам медиҳад.
13 Коҳил мегӯяд: «Шер дар берун аст,
дар миёни кӯчаҳо кушта мешавам!»
14 Даҳони занони зинокор ҷари чуқур аст;
касе ки ба нафрини Худованд гирифтор шуда бошад, дар он меафтад.
15 Беақлӣ ба дили навҷавон баста шудааст;
чӯби адаб онро аз вай дур мекунад.
16 Касе ки камбағалро барои афзоиши сарвати худ истисмор кунад,
ва касе ки ба сарватдор бахшиш диҳад, бенаво мешавад.
17 Гӯши худро хам карда, суханони хирадмандонро бишнав,
ва дили худро ба таълими ман моил намо,
18 Зеро хуш аст, ки агар онҳоро дар ботини худ нигоҳ дорӣ,
ва онҳо бар лабҳои ту низ бошад.
19 Барои он ки ба Худованд таваккал намоӣ,
имрӯз туро низ огоҳ кардам.
20 Оё ба ту мақолҳоеро нанавиштаам,
ки пур аз машваратҳо ва дониш аст,
21 То ки туро аз ҳақиқати суханони ростӣ огоҳ кунам,
ва ту суханони ростиро ба фиристандагони худ бирасонӣ?
22 Бенаворо тороҷ накун, зеро ки вай бенавост;
ва мискинро дар маҳкама озор надеҳ,
23 Чунки Худованд даъвои онҳоро доварӣ мекунад,
ва ҷони тороҷгарони онҳоро ба тороҷ медиҳад.
24 Бо хашмгин ёр нашав,
ва бо шахси тундмизоҷ алоқа накун:
25 Мабодо роҳҳои ӯро ёд гирӣ
ва ҷони худро ба дом оварӣ.
26 Аз ҷумлаи касоне набош, ки дасти паймон медиҳанд
ва барои қарзҳо зомин мешаванд.
27 Модоме ки ту чизе барои адо кардан надорӣ,
пас чаро бистари туро аз таги ту бигирад?
28 Марзаи қадимиро,
ки падарони ту муқаррар кардаанд, накӯчон.
29 Оё шахси дар кори худ чобукро дидаӣ?
Вай назди подшоҳон меистад;
назди сафилон намеистад.
23БОБИ БИСТУ СЕЮМ
Давоми он. Дар бораи ҳикмати ҳаёт ва порсоӣ.
1 Вақте ки бо ҳоким ба хӯрок хӯрдан биншинӣ,
ба он чи пеши назари туст, ба хубӣ диққат намо,
2 Ва корде дар ҳалқуми худ бимон,
агар одами пурхӯр бошӣ:
3 Таомҳои лазизи ӯро тамаъ накун,
чунки ин хӯроки назарфиреб аст.
4 Барои сарват ғун кардан заҳмат накаш;
тадбирсозиҳои худро тарк намо.
5 Оё мехоҳӣ чашмони худро ба он бидӯзӣ, ва ҳол он ки он ғоиб шудааст?
Зеро ки он барои худ болҳо месозад
ва мисли уқоб ба осмон парида меравад.
6 Хӯроки бахилро нахӯр,
ва таомҳои лазизи ӯро тамаъ накун,
7 Зеро, чӣ гунае ки ӯ дар дили худ мулоҳиза мекунад,
худаш низ ҳамон гуна аст: «Бихӯр ва бинӯш!» —
мегӯяд ӯ ба ту, вале дили ӯ бо ту нест.
8 Луқмае ки хӯрдаӣ, қай мекунӣ,
ва суханони неки худро барбод медиҳӣ.
9 Ба гӯши аблаҳ гап назан,
чунки аз суханони оқилонаи ту нафрат дорад.
10 Марзаи қадимиро накӯчон,
ва ба киштзори ятимон дохил нашав,
11 Чунки Раҳокунандаи онҳо боқудрат аст:
Ӯ даъвои онҳоро бо ту доварӣ мекунад.
12 Дили худро ба насиҳат моил намо,
ва гӯши худро — ба суханони оқилона.
13 Аз бача ҷазоро дареғ надор;
агар ӯро бо чӯб занӣ, намемирад:
14 Ту ӯро бо чӯб мезанӣ,
ва ҷони ӯро аз дӯзах халос мекунӣ.
15 Эй писарам! Агар дили ту бохирад шавад,
дили ман низ шод мегардад,
16 Ва ботини ман хурсанд мешавад,
вақте ки лабҳои ту ба ростӣ сухан ронад.
17 Бигзор дили ту аз гуноҳкорон ҳасад набарад,
балки аз онҳое ки ҳамеша тарсгори Худованд бошанд,
18 Чунки дар ҳақиқат оқибате ҳаст,
ва умеди ту барбод нарафтааст.
19 Эй писарам! Бишнав ва хирадманд бош,
ва дили худро ба роҳи рост ҳидоят намо.
20 Дар миёни мастон набош,
ва дар миёни онҳое ки аз ҳад зиёд аз гӯштхӯрӣ лаззат мебаранд,
21 Чунки мастон ва пурхӯрон бенаво мешаванд,
ва серхобӣ жандапӯш мегардонад.
22 Ба падари худ, ки туро ба дуньё овардааст, гӯш андоз;
ва аз модари худ, барои пир шуданаш, нафрат накун.
23 Ростиро бихар ва онро нафурӯш;
ҳикмат, хулқу адаб ва хирадро низ.
24 Падари шахси одил хурсандӣ мекунад,
ва касе ки хирадмандро ба дуньё овардааст,
аз вай шод мешавад.
25 Бигзор падари ту ва модари ту шод шаванд,
ва касе ки туро ба дуньё овардааст, хурсандӣ кунад.
26 Эй писарам! Дили худро ба ман деҳ,
ва чашмони ту бигзор роҳҳои маро риоят кунад,
27 Чунки фоҳиша ҷари чуқур аст,
ва зани зинокор — чоҳи танг;
28 Вай яқинан мисли роҳзане камин мегирад
ва хоинонро дар миёни мардум афзун мекунад.
29 Оҳ аз они кист? Воҳ аз они кист?
Ситезаҳо аз они кист? Андӯҳ аз они кист?
Ҷароҳатҳои бесабаб аз они кист?
Ҷашмони сурхтоб аз они кист?
30 Аз они онҳоест,
ки пайваста шароб менӯшанд,
ва барои чашидани шароби дорувордор меоянд.
31 Ба шароб назар надӯз, ки чӣ гуна сурхча метобад,
чӣ гуна дар қадаҳ мавҷ мезанад,
чӣ гуна бемалол ба гулӯ меравад,
32 Лекин оқибат мисли мор мегазад,
ва мисли афъӣ заҳр мезанад;
33 Чашмони ту манзараҳои аҷибу ғарибе мебинад,
ва дили ту ба каҷгуфторӣ моил мешавад;
34 Ва ту мисли касе мешавӣ, ки дар миёнҷои баҳр хобида бошад,
ва мисли касе ки бар сари сутуни киштӣ хобида бошад;
35 Ва мегӯӣ: «Маро заданд, вале дардро ҳис накардам;
маро кӯфтанд, вале нафаҳмидам.
Вақте ки бедор шавам, боз ва боз ҳамон чизро ҷустуҷӯ мекунам».
24БОБИ БИСТУ ЧОРУМ
Давоми он.
Ба таври махсус дар бораи сабр ва илтифот.
1 Аз касони бад ҳасад набар,
ва бо онҳо буданро ҳавас накун,
2 Чунки дили онҳо дар фикри тороҷ аст,
ва лабҳои онҳо дар бораи хабосат сухан меронад.
3 Хона бо ҳикмат бино меёбад
ва бо хирад барқарор мегардад.
4 Ва бо дониш ҳуҷраҳо
аз ҳар навъ молу мулки гаронбаҳо ва дилпазир пур мешавад.
5 Марди хирадманд боиқтидор аст,
ва шахси донишманд бо қуввати худ ҷасур аст,
6 Чунки бо тадбирсозӣ метавонӣ барои худ ҷанг кунӣ,
ва зафар аз машваратчиёни бисьёр аст.
7 Ҳикмат барои беақл аз ҳад зиёд баланд аст:
назди дарвоза ӯ даҳони худро намекушояд.
8 Касе ки бадиро ният кунад,
ӯро дасисакор меноманд.
9 Нияти беақлӣ гуноҳ кардан аст,
ва масхарабоз барои одамон зишт аст.
10 Агар дар рӯзи тангӣ заифдил бошӣ,
қуввати ту кам аст.
11 Онҳоеро, ки барои мамот гирифта шудаанд, халос кун,
ва маҳкумони қатлро кошки маҳфуз медоштӣ!
12 Агар гӯӣ, ки «инро надонистаам»,
Санҷандаи дилҳо, охир, мефаҳмад,
ва Нигаҳбони ҷони ту медонад,
ва ба одам мувофиқи аъмоли вай подош медиҳад.
13 Эй писарам! Асалро бихӯр, чунки хуб аст,
ва шаҳдро, чунки барои коми ту ширин аст;
14 Чунин аст омӯхтани ҳикмат барои ҷони ту:
агар онро ба даст оварӣ, ояндае дорӣ,
ва умеди ту барбод намеравад.
15 Эй шарир! Бар маскани одил камин нагир;
оромгоҳи ӯро безобита накун,
16 Зеро ки одил ҳафт маротиба афтад ҳам, мехезад,
вале шарирон гирифтори бало мешаванд.
17 Вақте ки душмани ту фурӯ ғалтад, шодӣ накун,
ва ҳангоме ки вай ба нокомӣ дучор шавад, бигзор дили ту ба ваҷд наояд:
18 Мабодо Худованд инро бинад, ва ин дар назари Ӯ бад намояд,
ва Ӯ ғазаби Худро аз вай бигардонад.
19 Аз бадкешон дар қаҳр нашав,
ва аз шарирон ҳасад набар,
20 Чунки шахси бад оянда надорад:
чароғи шарирон хомӯш мешавад.
21 Эй писарам! Аз Худованд ва подшоҳ битарс;
бо исьёнгарон алоқа накун,
22 Чунки ногаҳон ҳалокаташон меояд,
ва мусибатеро, ки аз ҷониби ҳар дуи онҳост, кист, ки бидонад?
23 Инҳо низ гуфтори хирадмандон аст:
рӯйбинӣ кардан дар доварӣ хуб нест.
24 Касе ки ба шарир гӯяд: «Ту одил ҳастӣ»,
қавмҳо ба вай лаънат хоҳанд хонд, қабилаҳо аз вай нафрат хоҳанд кард,
25 Вале онҳое ки ӯро мазаммат мекунанд, хурсанд хоҳанд шуд,
ва баракати хайрхоҳӣ бар онҳо хоҳад омад.
26 Касе ки бо суханони дуруст ҷавоб гардонад, лабҳоро мебӯсад.
27 Барои кори худ дар берун тадорук намо,
ва онро дар киштзори худ ба тартиб овар,
ва баъд хонаи худро низ бино бикун.
28 Ба зидди ёри худ шоҳиди ноҳақ набош;
чаро бо лабҳои худ мехоҳӣ фиреб диҳӣ?
29 Нагӯй: «Чӣ гунае ки вай ба ман рафтор кард,
ман низ ба вай ҳамон гуна рафтор мекунам;
ба ин одам мувофиқи кирдораш подош медиҳам».
30 Аз киштзори шахси коҳиле мегузаштам,
ва аз токзори одами беақл,
31 Ва инак, ҳамаи инро хорҳо зер кардааст,
рӯяшро газна пӯшидааст,
ва тавораи сангинаш вайрон шудааст.
32 Ва ман назар кардам, диққат додам,
дидам, сабақ гирифтам:
33 «Андак хоб, андак ғанаб,
андак даст дар бағал хобидан».
34 Вале бенавоии ту мисли роҳзан хоҳад омад,
ва мӯҳтоҷии ту — монанди шахси яроқнок.
25БОБИ БИСТУ ПАНҶУМ
Давоми он. Обрӯ мукофоти ҳикмат аст.
1 Инҳо низ масалҳои Сулаймон аст, ки одамони Ҳизқиё подшоҳи Яҳудо ҷамъ овардаанд.
2 Пӯшида доштани кор ҷалоли Худост,
ва тафтиш кардани кор ҷалоли подшоҳон аст.
3 Чунон ки осмон аз ҷиҳати баландияш ва замин аз ҷиҳати умқаш бошад,
ончунон дили подшоҳон тафтишнопазир аст.
4 Ғашро аз нуқра дур кун,
ва зарфе назди заргар пайдо мешавад;
5 Шарирро аз ҳузури подшоҳ дур кун,
ва тахти ӯ бар адолат барқарор мегардад.
6 Дар ҳузури подшоҳ калонигарӣ накун,
ва дар ҷои бузургон наист,
7 Чунки беҳтар аст ба ту бигӯянд: «Болотар бинишин»,
аз ин ки ба ҳузури калоншавандае ки чашмонат ӯро дидааст, туро поёнтар фуроранд.
8 Барои ҷанҷол хезондан шитоб накун,
зеро дар охири он,
вақте ки туро ёри ту расво кунад, чӣ кор мекунӣ?
9 Ҷанҷоли худро бо ёри худ бикун,
вале сирри шахси дигарро ошкор накун:
10 Мабодо касе ки бишнавад, туро мазаммат намояд,
ва бӯҳтони ту бимонад.
11 Сухане ки дар мавқеаш гуфта шуда бошад,
мисли себҳои заррин аст, ки кандакориҳои нуқра доранд.
12 Панди хирадманд барои гӯши шунаво
мисли гӯшвораи тилло ва зевари зари сурх аст.
13 Қосиди амин барои фиристандагони худ
мисли салқинии барф дар рӯзи дарав аст,
чунки ҷони оғоёни худро қувват мебахшад.
14 Касе ки аз инъомҳои бардурӯғ фахр кунад,
мисли абрҳо ва шамоли беборон аст.
15 Бо сабурӣ мирро ба марҳамат моил кардан мумкин аст,
ва забони нарм устухонро мешиканад.
16 Агар асал ёфтӣ, ба қадри кофӣ бихӯр:
мабодо аз ҳад зиёд аз он сер шуда, қай кунӣ.
17 Пои худро аз зуд‐зуд рафтан ба хонаи ёри худ нигоҳ дор:
мабодо аз дидори ту сер шуда, аз ту нафрат кунад.
18 Касе ки ба зидди ёри худ шаҳодати дурӯғ диҳад,
мисли табарзин ва шамшер ва тири тез аст.
19 Умед бастан ба хоин дар рӯзи сахт
мисли дандони лиққонак ва пои лағзанда аст.
20 Сурудани ғазалҳо барои дили ғамгин мисли кашидани либос дар рӯзи сард
ва рехтани сирко бар ҷароҳат аст.
21 Агар душмани ту гурусна бошад, шиками ӯро сер кун;
ва агар ташна бошад, ба ӯ об деҳ,
22 Зеро ки бо чунин рафторат бар сари ӯ оташпораҳо фурӯ хоҳӣ рехт,
ва Худованд ба ту подош хоҳад дод.
23 Боди шимолӣ боронро ба вуҷуд меоварад,
ва забони бӯҳтонгӯй — чеҳраҳои хашмгинро.
24 Зистан дар гӯшаи бом
беҳ аз зистан бо зани ситезакор дар хонаи фарох.
25 Хабари хуш аз кишвари дур
мисли оби сард барои ҷони хаста аст.
26 Одиле ки пеши шарир фурӯ меғалтад,
мисли чашмаи лойолуд ва манбаи вайрон аст.
27 Бисьёр асал хӯрдан хуб нест,
ва ҷалол он аст, ки кас ҷалоли худро маҳдуд намояд.
28 Касе ки бар рӯҳи худ ҳоким нест,
мисли шаҳри вайронаи беҳисор аст.
26БОБИ БИСТУ ШАШУМ
Давоми он.
Коҳилон ва дурӯғгӯён сазовори обрӯ нестанд.
1 Чунон ки барф дар тобистон ва борон дар мавсими дарав бошад,
ончунон иззат ба аблаҳ муносиб нест.
2 Чунон ки мурғак мепарад, чунон ки фароштурук парвоз мекунад,
ончунон лаънати ноҳақ ба нишон намерасад.
3 Қамчин барои асп аст, халачӯб барои хар,
ва чӯб барои тахтапушти аблаҳон.
4 Ба аблаҳ мувофиқи беақлии вай ҷавоб надеҳ:
мабодо ту низ ба вай монанд шавӣ.
5 Ба аблаҳ мувофиқи беақлии вай ҷавоб деҳ:
мабодо ба назари худаш хирадманд намояд.
6 Касе ки ба аблаҳ супорише диҳад,
ба пойҳои худ нуқсон мерасонад, худро ба азоб мемонад.
7 Чунон ки соқҳои пои ланг печутоб мехӯрад,
ончунон масал дар даҳони аблаҳон аст.
8 Касе ки аблаҳро иззат кунад, мисли касест,
ки санге дар фалахмон бимонад.
9 Чунон ки дар дасти маст хор медарояд,
ончунон масал дар даҳони аблаҳон аст.
10 Оғо ҳама чизро вайрон мекунад,
агар аблаҳро киро кунад ва ё роҳгузаронро киро кунад.
11 Чунон ки саг ба қаи худ бармегардад,
ончунон аблаҳ беақлии худро такрор мекунад.
12 Оё шахсеро дидаӣ, ки дар назари худаш хирадманд аст?
Умед аз аблаҳ, назар ба вай, бештар аст.
13 Коҳил мегӯяд: «Шер дар сари роҳ аст!
Асад дар миёни кӯчаҳост!»
14 Дарвоза бар ошиқ‐маъшуқаш мегардад,
вале коҳил бар бистараш.
15 Коҳил дасти худро дар табақ меандозад,
ва аз бурдани он ба даҳони худ монда мешавад.
16 Коҳил дар назари худ хирадмандтар аст
аз ҳафт касе ки бомулоҳиза ҷавоб медиҳанд.
17 Касе ки ба ҷанҷоли дигарон дахолат кунад,
мисли роҳгузарест, ки сагро аз гӯшҳои он бидорад.
18 Чунон ки касе, шӯхикунон,
шарораҳои оташ ва тирҳои марговар меандозад,
19 Ончунон аст шахсе ки ёри худро фиреб диҳад ва гӯяд:
«Ман фақат шӯхӣ кардам».
20 Ҳезум набошад — оташ хомӯш мешавад,
ва бадгӯӣ набошад — ситеза сокит мешавад.
21 Чунон ки ангишт барои оташпораҳо ва ҳезум барои оташ аст,
ончунон шахси ситезакор барои ҷанҷол хезондан аст.
22 Суханони бадгӯй мисли таомҳои лазиз аст,
ва онҳо андаруни ботин фурӯ меравад.
23 Чунон ки ғаши нуқра бар зарфи сафолин андуда мешавад,
ончунон лабҳои оташбор ва дили пуркина аст.
24 Бадхоҳ бо лабҳои худ чашмбандӣ мекунад,
вале дар ботини худ макрро ҷо медиҳад;
25 Бо овози нарм гап занад ҳам, ба сухани ӯ бовар накун,
чунки ҳафт зиштӣ дар дили ӯст;
26 Кинаи ӯ бо найранг рӯпӯш шавад ҳам,
оқибат бадии ӯ дар миёни ҷамоат ошкор мегардад.
27 Касе ки чоҳ канад, худаш дар он фурӯ меғалтад,
ва касе ки санг ғелонад, он ба худаш бармегардад.
28 Забони дурӯғгуй ба касоне ки неш мезанад, кина дорад,
ва даҳони тамаллуқгӯй дом мениҳад.
27БОБИ БИСТУ ҲАФТУМ
Давоми он. Огоҳӣ аз худситоӣ.
1 Аз рӯзи фардо фахр накун,
зеро намедонӣ, ки дар як рӯз чӣ ҳодиса рӯй медиҳад.
2 Бигзор туро дигаре ситоиш намояд, на ин ки даҳони худат, —
бегонае, на ин ки лабҳои худат.
3 Санг гарон аст, ва рег вазнин,
вале хашми шахси беақл аз ҳар дуи онҳо гаронтар аст.
4 Ғазаб бераҳм аст, ва хашм мисли селоб,
вале кист, ки тавонад пеши рашк истодагӣ кунад?
5 Мазаммати ошкор
беҳ аз муҳаббати пинҳонӣ.
6 Таънаҳои дӯст самимист,
вале бӯсаҳои бадхоҳ бисьёр аст.
7 Ҷони сер аз шаҳд ҳам нафрат мекунад,
вале барои ҷони гурусна ҳар талхӣ ширин аст.
8 Чунон ки мурғак аз лонаи худ овора мешавад,
ончунон аст касе ки аз макони худ овора шавад.
9 Равған ва атр дилро шод мекунад,
ва ширинии ёр аз машварати ҷонист.
10 Ёри худ ва ёри падари худро тарк накун,
ва дар рӯзи мусибати худ ба хонаи бародари худ нарав:
ҳамсояи наздик беҳ аз бародари дур.
11 Эй писарам! Бохирад бош, ва дили маро шод гардон,
то ки ман ба бадгӯи худ тавонам ҷавоб диҳам.
12 Шахси бофаросат мусибатро мебинад, пинҳон мешавад:
соддадилон гузашта мераванд, ва ҷазо меёбанд.
13 Либоси ӯро бигир, чунки ба бегона зомин шудааст;
ва аз ӯ, ки зомини шахси ғайр аст, гарав бигир.
14 Кас агар, субҳидам бармаҳал хеста, ёри худро бо овози баланд табрик гӯяд,
ин барои вай лаънат ҳисоб меёбад.
15 Чак‐чаки шилқини бом дар рӯзи борон ва зани ситезакор баробар аст:
16 Касе ки хоҳад варо ниҳон дорад, мисли касест, ки мехоҳад бодро ниҳон дорад,
ё равғанеро, ки дар кафи рости худ нигоҳ дошта бошад.
17 Оҳан оҳанро тез мекунад;
ҳамчунин одам симои ёри худро пардоз медиҳад.
18 Касе ки ба дарахти анҷир нигоҳубин кунад,
меваи онро хоҳад хӯрд;
ҳамчунин касе ки оғои худро нигоҳдорӣ кунад,
иззат хоҳад ёфт.
19 Чунон ки дар об чеҳра акси чеҳра бошад,
ончунон дили одам акси одам аст.
20 Асфалуссофилин ва эъдом сер намешаванд;
ҳамчунин чашмони одам сер намешавад.
21 Бӯта барои нуқра аст, ва кӯра — барои тилло;
вале одам аз рӯи таърифи ӯ озмуда мешавад.
22 Агар беақлро дар ҳован дар миёни дону дун бо ҳовандаста бикӯбӣ,
беақлии вай аз вай ҷудо намешавад.
23 Аз аҳволи чорвои худ ба хубӣ хабардор бош,
ба рамаҳо ғамхорӣ намо,
24 Зеро ки сарват абадӣ нест,
тоҷ ҳам магар аз насл ба насл аст?
25 Вақте ки алаф аз назар ғоиб шуд, ва сабза неш зада баромад,
ва гиёҳҳои кӯҳӣ ғундошта мешавад,
26 Гӯсфандон барои либоси туст,
ва такаҳо — барои нархи замин.
27 Ва шири бузҳо барои хӯроки ту,
барои хӯроки аҳли байти ту
ва барои ризқу рӯзии канизони ту кофист.
28БОБИ БИСТУ ҲАШТУМ
Давоми он.
Иззат ба порсоён; лаънат ба шарирон.
1 Шарирон мегурезанд, дар сурате ки таъқибкунандае нест;
вале одилон мисли шер далеранд.
2 Вақте ки мамлакат исьён кунад, сардоронаш бисьёр мешаванд,
вале ба воситаи одами бохирад ва доно умри он дароз мегардад.
3 Бенавое ки ба мансаби олӣ расида, ба мискинон зулм кунад,
мисли борони сел аст, ки ғалладонаро шуста мебарад.
4 Тарккунандагони шариат шариронро ситоиш менамоянд,
вале риоякунандагони шариат ба онҳо мухолиф мебароянд.
5 Мардуми бадрафтор инсофро намефаҳманд,
вале толибони Худованд онро ҳамеша мефаҳманд.
6 Бенавое ки бо роҳи рости худ равон аст,
беҳ аз қаҷраве ки сарватдор бошад.
7 Нигоҳдорандаи шариат писари бофаҳм аст,
вале ҷӯраи шикампарастон падари худро расво мекунад.
8 Касе ки сарвати худро бо суд ва рибо афзун намояд,
онро барои хайрхоҳи мискинон ғун мекунад.
9 Касе ки гӯши худро аз шунидани шариат дур кунад,
дуои вай низ зишт аст.
10 Касе ки росткоронро гумроҳ карда, ба роҳи бад андозад,
худаш дар чоҳи худ фурӯ меғалтад,
вале беайбон мероси некӯ пайдо мекунанд.
11 Шахси сарватдор дар назари худ хирадманд аст,
вале бенавои бофаҳм ӯро хуб мешиносад.
12 Вақте ки одилон шод шаванд, ифтихормандӣ бузург аст;
вале вақте ки шарирон мартаба ёбанд, мардум ноёб мешаванд.
13 Касе ки ҷиноятҳои худро пинҳон дорад, муавффақият намеёбад;
вале касе ки иқрор шавад ва онҳоро тарк кунад, сазовори раҳм мегардад.
14 Хушо касе ки ҳамеша аз гуноҳ метарсад!
Вале касе ки дили худро сахт кунад, ба бало гирифтор мешавад.
15 Ҳокими шарир бар қавми бенаво
мисли шери ғуррон ва хирси ташнаҷигар аст.
16 Сардори нофаҳм бисьёр ситам мекунад;
душмани ришва умри худро дароз мекунад.
17 Одаме ки хуни касе ба гарданаш бошад, то ба гӯр мегурезад;
зинҳор касе ӯро дастгирӣ накунад.
18 Рострав раҳо мешавад,
вале каҷрав якбора фурӯ меғалтад.
19 Касе ки замини худро кор кунад, аз нон сер мегардад,
вале касе ки аз паи корҳои ҳеҷу пуч шавад, аз бенавоӣ сер мегардад.
20 Шахси амин баракати бисьёр меёбад,
вале касе ки аз паи сарват шитоб кунад, беҷазо намемонад.
21 Рӯйбинӣ кардан хуб нест;
аз барои як бурда нон ҳам кас ҷиноят мекунад.
22 Бахил аз паи сарват мешитобад,
ва намедонад, ки бенавоӣ ба сари ӯ меояд.
23 Шахсе ки одамеро мазаммат кунад, оқибат бештар писанд меояд,
назар ба шахсе ки бо забонаш тамаллуқ намояд.
24 Касе ки падару модари худро тороҷ карда,
мегӯяд, ки «ин гуноҳ нест», —
шарики шахсони зараровар аст.
25 Тамаъкор низоъ меандозад,
вале касе ки ба Худованд таваккал намояд, некрӯз мегардад.
26 Касе ки аз худаш дилпур бошад, аблаҳ аст,
вале касе ки бо хирад рафтор кунад, раҳо хоҳад шуд.
27 Касе ки ба мискин ёрдам диҳад, мӯҳточӣ нахоҳад кашид,
вале касе ки чашмони худро пӯшонад, ба лаънати бисьёр дучор хоҳад шуд.
28 Вақте ки шарирон мартаба ёбанд, мардум пинҳон мешаванд;
вале вақте ки онҳо нест шаванд, одилон афзоиш меёбанд.
29БОБИ БИСТУ НӮҲУМ
Давоми он. Ҳикмат некӯӣ меоварад;
гуноҳ ва шарорат ба ҳалокат бурда мерасонад.
1 Шахсе ки мазамматҳоро шунида, гарданкашӣ кунад,
баногоҳ шикаст хоҳад хӯрд, ва ӯро паноҳгоҳе нахоҳад буд.
2 Вақте ки одилон ҳоким бошанд, қавм шод мегарданд;
вале вақте ки шарир ҳукмфармо шавад, қавм оҳу нола мекунанд.
3 Касе ки ҳикматро дӯст дорад, падари худро шод мекунад;
вале фоҳишабоз дороии худро исроф менамояд.
4 Подшоҳ мамлакатро бо адлу инсоф устувор мегардонад,
вале шахсе ки боҷу хироҷи зиёд меситонад,
онро хароб мекунад.
5 Шахсе ки ба ёри худ тамаллуқ гӯяд,
ба пойҳои вай дом мениҳад.
6 Шарир ба доми ҷинояташ гирифтор хоҳад шуд,
вале одил дилхушӣ ва хурсандӣ мекунад.
7 Одил ба даъвои бенавоён диққат медиҳад;
шарир ба он сарфаҳм намеравад.
8 Мардуми масхарабоз шаҳрро ба шӯр меоваранд,
вале хирадмандон ҷидолро хомӯш мекунанд.
9 Агар шахси хирадманд бо шахси беақл муҳокима намояд,
беақл гоҳе ба хашм меояд ва гоҳе механдад, ва ӯро оромише нест.
10 Хунхӯрон аз шахси беайб нафрат доранд,
вале росткорон офияти ҷони ӯро хоҳонанд.
11 Аблаҳ тамоми хашми худро берун меоварад,
вале хирадманд охируламр онро сокит мекунад.
12 Агар ҳоким ба суханони дурӯғ гӯш андозад,
ҳамаи хизматгузорони ӯ шарир мешаванд.
13 Бенаво ва шахси дасисакор бо ҳамдигар вомехӯранд;
ба чашмони ҳар дуи онҳо нурбахш Худованд аст.
14 Агар подшоҳ мискинонро ба ростӣ доварӣ намояд,
тахти ӯ ба сурати абадӣ устувор мегардад.
15 Чӯби адаб ҳикмат мебахшад;
вале бачаи беназорат модари худро нангин мекунад.
16 Бо афзоиши шарирон ҷиноят меафзояд,
вале одилон мағлубияти онҳоро хоҳанд дид.
17 Писари худро таъдиб намо, ва ӯ боиси оромиши ту мегардад,
ва ҷони туро ҳаловат мебахшад.
18 Бе ваҳй қавм беқайд мешаванд, ва хушо касе ки шариатро риоят мекунад!
19 Ғулом аз суханон сабақ намегирад,
зеро ки, онҳоро фаҳмад ҳам, итоат намекунад.
20 Оё шахсеро дидаӣ, ки дар сухан гуфтан шитоб мекунад?
Умед аз аблаҳ, назар ба вай, бештар аст.
21 Кас агар ғуломи худро аз бачагӣ нозпарвард кунад,
вай оқибат мехоҳад писар шавад.
22 Шахси хашмгин ситеза меангезад,
ва тундмизоҷ бисьёр ҷиноят мекунад.
23 Ғурури одам варо хор мекунад,
вале шахси фурӯтан ҷалол меёбад.
24 Касе ки бо дузд шарик шавад, ба ҷони худ душман аст:
қасам мехӯрад, вале намегӯяд.
25 Тарсончакии одам ба дом меоварад,
вале касе ки ба Худованд таваккал кунад, аз хатар эмин аст.
26 Бисьёр касон дидори ҳокимро толибанд,
вале қазои одам аз ҷониби Худованд аст.
27 Шахси ноинсоф назди одилон зишт аст,
ва рострав назди шарир зишт аст.
30БОБИ СИЮМ
Суханони ҳикматноки Огур.
1 Суханони Огур ибни Ёқеи Массоӣ.
Гуфтори ин мард ба Итиэл, ба Итиэл ва Ухол:
2 Яқинан, ман аз ҳар кас ҷоҳилтар ҳастам,
ва хиради одамӣ дар ман нест.
3 Ва ҳикмат наомӯхтаам,
то ки шинохтани Қуддусро бидонам.
4 Кист, ки ба осмон сууд кард ва аз он ҷо нозил шуд?
Кист, ки бодро дар мушти худ ҷамъ кард?
Кист, ки обро дар пероҳан банд кард?
Кист, ки тамоми ақсои заминро барқарор кард?
Номи ӯ чист ва номи писари ӯ чист? Оё медонӣ?
5 Ҳар сухани Худо покиза аст;
Ӯ барои онҳое ки ба Ӯ паноҳ мебаранд, сипар аст.
6 Ба суханони Ӯ чизе илова накун:
мабодо туро мазаммат намояд, ва ту дурӯғгӯй шавӣ.
7 Ду чиз аз Ту мепурсам; онҳоро барои ман,
пеш аз он ки бимирам, манъ нанамо:
8 Ҳеҷу пуч ва дурӯғро аз ман дур соз,
бенавоӣ ва сарватро ба ман надеҳ,
ризқу рӯзӣ ба ман бирасон:
9 Мабодо бисьёр сер шуда, Туро инкор кунам ва бигӯям:
«Худованд кист?»
Ва мабодо бенаво шуда, дуздӣ кунам
ва исми Худои худро беҳурмат созам.
10 Ғуломро ба оғои вай бадгӯӣ накун:
мабодо вай туро лаънат кунад, ва ту айбдор шавӣ.
11 Насле ҳастанд, ки падари худро лаънат мекунанд
ва модари худро табрик намегӯянд.
12 Насле ҳастанд, ки дар назари худ пок мебошанд,
ва ҳол он ки аз наҷосати худ шуста нашудаанд.
13 Насле ҳастанд, ки — оҳ, чашмонашон чӣ гуна ҳавобаландона аст,
ва мижгонашон чӣ гуна барафрошта!
14 Насле ҳастанд, ки дандонҳошон шамшерҳост,
ва дандонҳои осиёашон — кордҳо,
то ки бенавоёнро аз рӯи замин ва мискинонро аз миёни одамон бихӯранд.
15 Шуллук ду духтар дорад:
«Бидеҳ, бидеҳ!»
Инак се чизе ки сер намешаванд,
ва чор чизе ки намегӯянд: «Бас!»
16 Асфалуссофилин ва батни нозой,
замине ки аз об сер намешавад,
ва оташе ки намегӯяд: «Бас!»
17 Чашме ки падарро тамасхур мекунад
ва аз итоати модар нафрат дорад,
зоғони водӣ онро нӯл зада мекананд,
ва бачаҳои уқоб онро мехӯранд.
18 Инак се чизе ки барои ман ақлнорас аст,
ва чор чизе ки ман намефаҳмам:
19 Роҳи уқоб дар осмон,
роҳи мор бар кӯҳпора,
роҳи киштӣ дар миёни баҳр
ва роҳи мард сӯи ҷавондухтар.
20 Ҳамчунин роҳи зани зинокор:
мехӯрад, ва даҳони худро пок мекунад,
ва мегӯяд: «Кори баде накардаам».
21 Аз се чиз замин меларзад,
ва чор чизро наметавонад бардорад:
22 Ғуломеро, ки подшоҳ мешавад;
нокасеро, ки аз нон сер мешавад;
23 Зани нафратангезеро, ки ба шавҳар мерасад,
ва канизеро, ки ҷойгири хотуни худ мешавад.
24 Чор ҷонвари хурд дар рӯи замин ҳастанд,
вале онҳо бағоят бохирад мебошанд:
25 Мӯрчаҳо, ки қавми паҳлавон нестанд,
вале хӯроки худро тобистон тайёр мекунанд;
26 Заргӯшҳо, ки қавми пурзӯр нестанд,
вале хонаи худро дар сахра буньёд мекунанд;
27 Малах, ки подшоҳ надорад,
вале саросар саф баста берун меояд;
28 Калтакалос, ки бо даст дошта мешавад,
вале вай дар қасрҳои подшоҳон мебошад.
29 Се ҷонвари мавзунқадам ҳастанд,
ва чор ҷонвари хушрафтор:
30 Шере ки дар миёни ҳайвонот зӯровар аст
ва аз пеши ҳеҷ кадоме қафо намеравад;
31 Аспи чоргома, ва така,
ва подшоҳе ки қавмаш ҳамроҳи ӯст.
32 Агар ба туфайли ҳавобаландии худ разилӣ кардаӣ,
ва агар соҳибфикр ҳастӣ, даст бар даҳон бимон,
33 Зеро, чунон ки аз фишор додани шир маска берун меояд,
ва аз фишор додани бинӣ хун берун меояд,
ончунон аз фишор додани хашм ҷанҷол берун меояд.
31БОБИ СИЮ ЯКУМ
Суханони подшоҳ Лемуил.
1 Суханони Лемуил, подшоҳи Массо, ки модараш ба ӯ таълим додааст:
2 Эй писарам,
ва эй писари батнам,
ва эй писари назрҳоям!
3 Қуввати худро ба занон надеҳ,
ва роҳҳои худро ба он чи подшоҳонро маҳв мекунад.
4 Подшоҳонро шоиста нест, эй Лемуил,
подшоҳонро шоиста нест, ки шароб нӯшанд,
ва миронро, ки бӯза талаб кунанд:
5 Мабодо бинӯшанд ва қонунро фаромӯш кунанд,
ва доварии тамоми аҳли фақрро таҳриф намоянд.
6 Бӯзаро ба гирифтори ҳалокат бидеҳ,
ва шаробро — ба ҷонҳои талхком.
7 Бигзор вай нӯшида, бенавоии худро фаромӯш кунад,
ва азоби худро дигар ба ёд наоварад.
8 Даҳони худро барои безабон воз кун,
ва барои даъвои тамоми аҳли эҳтиёҷ.
9 Даҳони худро барои адлу инсоф воз кун,
ва барои даъвои бенаво ва мискин.
10 Зани солеҳаро кист, ки тавонад биёбад?
Баҳои вай аз ҷавоҳир гаронтар аст.
11 Шавҳари вай аз вай дилпур аст,
ва ғанимати ӯ камӣ нахоҳад кард.
12 Вай тамоми айёми умри худ
ба ӯ некӣ мекунад, ва на бадӣ.
13 Пашм ва катон пайдо мекунад,
ва бо шавқу ҳавас бо дастҳои худ кор мекунад.
14 Вай мисли киштиҳои тоҷирон аст:
хӯроки худро аз дур ёфта меоварад.
15 Ва ҳангоме ки ҳанӯз шаб аст,
вай бархоста, ба аҳли байти худ хӯрок
ва ба канизони худ ротиба медиҳад.
16 Ба фикри киштзор афтода, онро мехарад;
аз самари дастҳои худ ниҳолҳои ток мешинонад.
17 Камари худро маҳкам мебандад,
ва дасту остин бармезанад.
18 Чун мебинад, ки доду муомилай вай хуб аст,
чароғи вай шабона хомӯш намешавад.
19 Дастҳои худро сӯи чархи ресмонресӣ дароз мекунад,
ва кафҳои вай дугро нигоҳ медорад.
20 Кафи худро барои бенаво мекушояд,
ва дастҳои худро сӯи мискин дароз мекунад.
21 Оид ба аҳли байти худ аз барф наметарсад,
чунки тамоми аҳли байти вай либоси пашмин пӯшидаанд.
22 Барои худ қолинҳо мебофад;
катон ва арғувон пероҳани вай аст.
23 Шавҳари вай назди дарвозаҳо машҳур аст,
вақте ки бо пирони сарзамин менишинад.
24 Вай яктакҳои катон дӯхта мефурӯшад,
ва камарбандҳо ба тоҷирон медиҳад.
25 Қувват ва шавкат пероҳани вай аст,
ва оид ба рӯзи оянда вай механдад.
26 Даҳони худро ба ҳикмат мекушояд,
ва таълими ҳалимона бар забони вай аст.
27 Ба рӯзгори хонаи худ назорат мекунад,
ва нони коҳилиро намехӯрад.
28 Фарзандони вай бархоста,
ба вай аҳсан мегӯянд, шавҳари вай низ варо ситоиш мекунад:
29 «Духтарони бисьёр корҳои нек кардаанд,
вале ту аз ҳамаи онҳо бартарӣ дорӣ».
30 Латофат назарфиреб ва ҳусну ҷамол ҳеҷу пуч аст;
зане ки аз Худованд метарсад, сазовори ситоиш аст.
31 Ба вай аз самари дастҳои вай бидиҳед,
ва бигзор корҳояш варо назди дарвозаҳо ҳамд гӯяд!