КИТОБИ ЧОРУМИ МУСО

АДАДҲО

1

БОБИ ЯКУМ

Амр дар бораи саршумории қавм.

1 Ва дар рӯзи якуми моҳи дуюм, дар соли дуюми берун омаданашон аз замини Миср, Худованд ба Мусо дар биёбони Сино дар хаймаи ҷомеъ сухан ронда, гуфт:

2 «Саршумории тамоми ҷамоати банӣ‐Исроилро бар ҳасби қабилаҳо ва хонадонҳошон, мувофиқи адади номҳошон, — ҳамаи мардҳоро саросар ба амал оваред.

3 Аз бистсола ва болотар, ҳамаи онҳое ки дар Исроил ба лашкар мераванд, — ту ва Ҳорун онҳоро бар тибқи фавҷҳошон дар шумор оваред.

4 Ва ҳамроҳи шумо як нафар аз ҳар сибт хоҳад буд, ки ҳар яке раиси хонадони худ бояд бошад.

5 Ва ин аст номҳои шахсоне ки ҳамроҳи шумо хоҳанд буд: аз Реубен — Элисур ибни Шадиур;

6 Аз Шимъӯн — Шалумиил ибни Суришаддой;

7 Аз Яҳудо — Наҳшӯн ибни Амминодоб;

8 Аз Иссокор — Натанъил ибни Суор;

9 Аз Забулун — Элиоб ибни Ҳилӯн;

10 Аз писарони Юсуф: аз Эфроим — Элишомоъ ибни Аммиҳуд; аз Менашше — Ҷамлиил ибни Фадоҳсур;

11 Аз Биньёмин — Абидон ибни Ҷидъӯнӣ;

12 Аз Дон — Аҳиозар ибни Аммишаддой;

13 Аз Ошер — Фаҷъиил ибни Окрон;

14 Аз Ҷод — Эльёсоф ибни Дауил;

15 Аз Нафтолӣ — Аҳираъ ибни Энон.

16 Ҳаминҳоянд даъватшудагони ҷамоат, раисони сибтҳои падаронашон, ки сарварони ҳазораҳои Исроил мебошанд».

17 Ва Мусо ва Ҳорун ин шахсонро, ки номҳошон зикр ёфт, гирифтанд.

18 Ва тамоми ҷамоатро дар рӯзи якуми моҳи дуюм ҷамъ карданд, ва онҳо насабномаҳои худро бар ҳасби қабилаҳо ва хонадонҳои худ, мувофиқи адади номҳо, аз бистсола ва болотар саросар эълон намуданд,

19 Чунон ки Худованд ба Мусо амр фармуда буд; ва ӯ онҳоро дар биёбони Сино дар шумор овард.

20 Ва банӣ‐Реубен, нахустзодаи Исроил, бар ҳасби насабномаи қабила ва хонадонашон, мувофиқи адади номҳошон, саросар ҳамаи мардҳои аз бистсола ва болотар, ҳамаи онҳое ки ба лашкар мераванд, —

21 Дар шумор овардашудагон аз сибти Реубен чилу шаш ҳазору панҷсад нафар буданд.

22 Аз банӣ‐Шимъӯн бар ҳасби насабномаи қабила ва хонадонашон, мувофиқи адади номҳои саросар дар шумор овардашудагон, ҳамаи мардҳои аз бистсола ва болотар, ҳамаи онҳое ки ба лашкар мераванд, —

23 Дар шумор овардашудагон аз сибти Шимъӯн панҷоҳу нӯҳ ҳазору сесад нафар буданд.

24 Аз банӣ‐Ҷод бар ҳасби насабномаи қабила ва хонадонашон, мувофиқи адади номҳо аз бистсола ва болотар, ҳамаи онҳое ки ба лашкар мераванд, —

25 Дар шумор овардашудагон аз сибти Ҷод чилу панҷ ҳазору шашсаду панҷоҳ нафар буданд.

26 Аз банӣ‐Яҳудо бар ҳасби насабномаи қабила ва хонадонашон, мувофиқи адади номҳо, аз бистсола ва болотар, ҳамаи онҳое ки ба лашкар мераванд, —

27 Дар шумор овардашудагон аз сибти Яҳудо ҳафтоду чор ҳазору шашсад нафар буданд.

28 Аз банӣ‐Иссокор бар ҳасби насабномаи қабила ва хонадонашон, мувофиқи адади номҳо, аз бистсола ва болотар, ҳамаи онҳое ки ба лашкар мераванд, —

29 Дар шумор овардашудагон аз сибти Иссокор панҷоҳу чор ҳазору чорсад нафар буданд.

30 Аз банӣ‐Забулун бар ҳасби насабномаи қабила ва хонадонашон, мувофиқи адади номҳо, аз бистсола ва болотар, ҳамаи онҳое ки ба лашкар мераванд, —

31 Дар шумор овардашудагон аз сибти Забулун панҷоҳу ҳафт ҳазору чорсад нафар буданд.

32 Аз писарони Юсуф: аз банӣ‐Эфроим бар ҳасби насабномаи қабила ва хонадонашон, мувофиқи адади номҳо, аз бистсола ва болотар, ҳамаи онҳое ки ба лашкар мераванд, —

33 Дар шумор овардашудагон аз сибти Эфроим чил ҳазору панҷсад нафар буданд.

34 Аз банӣ‐Менашше бар ҳасби насабномаи қабила ва хонадонашон, мувофиқи адади номҳо, аз бистсола ва болотар, ҳамаи онҳое ки ба лашкар мераванд, —

35 Дар шумор овардашудагон аз сибти Менашше сию ду ҳазору дусад нафар буданд.

36 Аз банӣ‐Биньёмин бар ҳасби насабномаи қабила ва хонадонашон, мувофиқи адади номҳо, аз бистсола ва болотар, ҳамаи онҳое ки ба лашкар мераванд, —

37 Дар шумор овардашудагон аз сибти Биньёмин сию панҷ ҳазору чорсад нафар буданд.

38 Аз банӣ‐Дон бар ҳасби насабномаи қабила ва хонадонашон, мувофиқи адади номҳо, аз бистсола ва болотар, ҳамаи онҳое ки ба лашкар мераванд, —

39 Дар шумор овардашудагон аз сибти Дон шасту ду ҳазору ҳафтсад нафар буданд.

40 Аз банӣ‐Ошер бар ҳасби насабномаи қабила ва хонадонашон, мувофиқи адади номҳо, аз бистсола ва болотар, ҳамаи онҳое ки ба лашкар мераванд, —

41 Дар шумор овардашудагон аз сибти Ошер чилу як ҳазору панҷсад нафар буданд.

42 Аз банӣ‐Нафтолӣ бар ҳасби насабномаи қабила ва хонадонашон, мувофиқи адади номҳо, аз бистсола ва болотар, ҳамаи онҳое ки ба лашкар мераванд, —

43 Дар шумор овардашудагон аз сибти Нафтолӣ панҷоҳу се ҳазору чорсад нафар буданд.

44 Инҳоянд дар шумор овардашудагон, ки Мусо ва Ҳорун бо раисони Исроил дар шумор оварданд, — бо он дувоздаҳ нафар, ки ҳар яке аз як хонадони онҳо буданд.

45 Ва ҳамаи дар шумор овардашудагони банӣ‐Исроил бар ҳасби хонадонашон, аз бистсола ва болотар, ҳамаи онҳое ки дар Исроил ба лашкар мераванд, —

46 Ҳамаи дар шумор овардашудагон шашсаду се ҳазору панҷсаду панҷоҳ нафар буданд.

47 Валекин левизодагон бар ҳасби сибти падаронашон дар миёни онҳо дар шумор оварда нашуданд,

48 Зеро ки Худованд ба Мусо сухан ронда, гуфта буд:

49 «Аммо сибти Левиро дар шумор наовар, ва саршумории онҳоро дар миёни банӣ‐Исроил ба амал наовар,

50 Балки левизодагонро бар маскани шаҳодат ва бар тамоми колои он ва бар ҳар чизе ки ба он тааллуқ дорад, таъин намо; бигзор онҳо маскан ва тамоми колои онро бардоранд ва хизмати онро ба ҷо оваранд, ва дар атрофи маскан хайма зананд;

51 Ва дар вақти кӯч кардани маскан левизодагон онро фурӯд оваранд, ва дар вақти ист кардани маскан левизодагон онро барқарор намоянд; ва шахси бегонае ки ба он наздик меояд, кушта хоҳад шуд.

52 Ва банӣ‐Исроил бояд ҳар яке дар ӯрдугоҳи худ ва ҳар яке назди байрақи худ бар ҳасби фавҷҳои худ хайма зананд.

53 Ва левизодагон дар атрофи маскани шаҳодат хайма хоҳанд зад, то ки ғазабе бар ҷамоати банӣ‐Исроил ба амал наояд; ва левизодагон посбонии маскани шаҳодатро ба ҷо хоҳанд овард».

54 Ва банӣ‐Исроил ба амал оварданд; чунон ки Худованд ба Мусо амр фармуда буд, ончунон ба амал оварданд.

2

БОБИ ДУЮМ

Тақсимоти сибтҳо дар ӯрдугоҳ.

1 Ва Худованд ба Мусо ва Ҳорун сухан ронда, гуфт:

2 «Бигзор банӣ‐Исроил ҳар яке назди байрақи худ бар ҳасби нишонҳои хонадонашон хайма зананд; дар рӯ ба рӯи хаймаи ҷомеъ гирдогирд хайма зананд.

3 Ва аз тарафи пеши шарқӣ аҳли байрақи ӯрдуи Яҳудо бар ҳасби фавҷҳошон хайма мезананд, ва раиси банӣ‐Яҳудо Наҳшӯн ибни Амминодоб аст;

4 Ва фавҷи ӯ, ки дар шумор оварда шудаанд, ҳафтоду чор ҳазору шашсад нафаранд.

5 Ва дар паҳлуи вай сибти Иссокор хайма мезананд, ва раиси банӣ‐Иссокор Натанъил ибни Суор аст;

6 Ва фавҷи ӯ, ки дар шумор оварда шудаанд, панҷоҳу чор ҳазору чорсад нафаранд;

7 Ва сонӣ сибти Забулун, ки раиси сибти Забулун Элиоб ибни Ҳилӯн аст;

8 Ва фавҷи ӯ, ки дар шумор оварда шудаанд, панҷоҳу ҳафт ҳазору чорсад нафаранд.

9 Ҳамаи дар шумор овардашудагон дар ӯрдуи Яҳудо бар ҳасби фавҷҳошон саду ҳаштоду шаш ҳазору чорсад нафаранд; онҳо бояд аввалин шуда кӯч кунанд.

10 Байрақи ӯрдуи Реубен бояд ба тарафи ҷанубӣ бар ҳасби фавҷҳошон бошад, ва раиси банӣ‐Реубен Элисур ибни Шадиур аст;

11 Ва фавҷи ӯ, ки дар шумор оварда шудаанд, чилу шаш ҳазору панҷсад нафаранд;

12 Ва дар паҳлуи вай сибти Шимъӯн хайма мезананд, ки раиси банӣ‐Шимъӯн Шалумиил ибни Суришаддой аст;

13 Ва фавҷи ӯ, ки дар шумор оварда шудаанд, панҷоҳу нӯҳ ҳазору сесад нафаранд;

14 Ва сонӣ сибти Ҷод, ки раиси банӣ‐Ҷод Эльёсоф ибни Рауил аст;

15 Ва фавҷи ӯ, ки дар шумор оварда шудаанд, чилу панҷ ҳазору шашсаду панҷоҳ нафаранд.

16 Ҳамаи дар шумор овардашудагон дар ӯрдуи Реубен бар ҳасби фавҷҳошон саду панҷоҳу як ҳазору чорсаду панҷоҳ нафаранд; онҳо бояд дуюмин шуда кӯч кунанд.

17 Ва ҳангоме ки хаймаи ҷомеъ кӯч кунад, ӯрдуи левизодагон дар миёни ӯрдуҳо хоҳад буд; чунон ки ист кардаанд, ончунон бояд ҳар яке дар ҷои ҳуд бар ҳасби байрақҳои худ кӯч кунанд.

18 Байрақи ӯрдуи Эфроим бояд ба тарафи ғарбӣ бар тибқи фавҷҳошон бошад, ва раиси банӣ‐Эфроим Элишомоъ ибни Аммиҳуд аст;

19 Ва фавҷи ӯ, ки дар шумор оварда шудаанд, чил ҳазору панҷсад нафаранд;

20 Ва дар паҳлуи вай — сибти Менашше, ки раиси банӣ‐Менашше Ҷамлиил ибни Фадоҳсур аст;

21 Ва фавҷи ӯ, ки дар шумор оварда шудаанд, сию ду ҳазору дусад нафаранд.

22 Ва сонӣ — сибти Биньёмин, ки раиси банӣ‐Биньёмин Абидон ибни Ҷидъӯнӣ аст;

23 Ва фавҷи ӯ, ки дар шумор оварда шудаанд, сию панҷ ҳазору чорсад нафаранд.

24 Ҳамаи дар шумор овардашудагон дар ӯрдуи Эфроим бар ҳасби фавҷҳошон саду ҳашт ҳазору сад нафаранд; онҳо бояд сеюмин шуда кӯч кунанд.

25 Байрақи ӯрди Дон бояд ба тарафи шимолӣ бар тибқи фавҷҳошон бошад, ва раиси банӣ‐Дон Аҳиозар ибни Аммишаддой аст;

26 Ва фавҷи ӯ, ки дар шумор оварда шудаанд, шасту ду ҳазору ҳафтсад нафаранд.

27 Ва дар паҳлуи вай сибти Ошер хайма мезананд, ки раиси банӣ‐Ошер Фаҷъиил ибни Окрон аст;

28 Ва фавҷи ӯ, ки дар шумор оварда шудаанд, чилу як ҳазору панҷсад нафаранд.

29 Ва сонӣ — сибти Нафтолӣ, ки раиси банӣ‐Нафтолӣ Аҳираъ ибни Энон аст;

30 Ва фавҷи ӯ, ки дар шумор оварда шудаанд, панҷоҳу се ҳазору чорсад нафаранд.

31 Ҳамаи дар шумор овардашудагон дар ӯрдуи Дон саду панҷоҳу ҳафт ҳазору шашсад нафаранд; онҳо бояд охирин шуда таҳти байрақҳои худ кӯч кунанд.

32 Инҳоянд дар шумор овардашудагони банӣ‐Исроил бар ҳасби хонадонашон; ҳамаи дар шумор овардашудагони ӯрдуҳо бар ҳасби фавҷҳошон шашсаду се ҳазору панҷсаду панҷоҳ нафаранд».

33 Валекин левизодагон дар миёни банӣ‐Исроил дар шумор оварда нашуданд, чунон қи Худованд ба Мусо амр фармуда буд.

34 Ва банӣ‐Исроил мувофиқи ҳар он чи Худованд ба Мусо амр фармуда буд, ба амал оварданд; ҳамин тавр таҳти байрақҳои худ хайма мезаданд, ва ҳамин тавр ҳар яке бар ҳасби қабила ва хонадони худ кӯч мекарданд.

3

БОБИ СЕЮМ

Дар бораи коҳинон, сибти Левӣ ва хонадонҳои онҳо.

1 Ва ин аст насабномаи Ҳорун ва Мусо, дар рӯзе ки Худованд дар кӯҳи Сино ба Мусо сухан ронд.

2 Ва ин аст номҳои писарони Ҳорун: нахустзодааш Нодоб, Абиҳу, Элъозор ва Итомор.

3 Ин аст номҳои писарони Ҳорун, коҳиноне ки тадҳин карда шуда буданд, ки ӯ онҳоро барои каҳонат баргумошт.

4 Вале Нодоб ва Абиху ба ҳузури Худованд мурданд, вақте ки оташи ғайрро дар биёбони Сино ба ҳузури Худованд оварданд, ва онҳо фарзанд надоштанд; ва Элъозор ва Итомор дар ҳузури падарашон Ҳорун каҳонат мекарданд.

5 Ва Худованд ба Мусо сухан ронда, гуфт:

6 «Сибти Левиро наздик оварда, онҳоро ба ҳузури Ҳоруни коҳин таъин намо, то ки ба ӯ хизмат кунанд.

7 Ва бигзор онҳо хизмати ӯ ва хизмати тамоми ҷамоатро пеши хаймаи ҷомеъ иҷро намуда, корҳои масканро ба ҷо оваранд;

8 Ва тамоми колои хаймаи ҷомеъро нигаҳбонӣ намуда ва хизмати банӣ‐Исроилро иҷро карда, корҳои масканро ба ҷо оваранд.

9 Ва левизодагонро ба Ҳорун ва писаронаш бидеҳ: онҳо аз ҷониби банӣ‐Исроил ба таври қатъӣ ба ӯ дода шудаанд.

10 Вале Ҳорун ва писаронашро баргумор, то ки каҳонати худро риоят кунанд; ва бегонае агар наздик ояд, кушта хоҳад шуд».

11 Ва Худованд ба Мусо сухан ронда, гуфт:

12 «Ва инак, Ман левизодагонро аз миёни банӣ‐Исроил дар ивази ҳамаи нахустзодагони раҳимкушо гирифтаам, ва левизодагон аз они Мананд;

13 Зеро ки ҳар нахустзода аз они Ман аст: дар рӯзе ки Ман ҳамаи нахустзодагони замини Мисрро зарба задам, ҳамаи нахустзодагони Исроилро, аз одамон то чорпоён, барои Худ тақдис намудам, ва онҳо аз они Мананд. Ман Худованд ҳастам».

14 Ва Худованд дар биёбони Сино ба Мусо сухан ронда, гуфт:

15 «Банӣ‐Левиро бар ҳасби хонадон ва қабилаҳошон дар шумор овар; ҳар мардинаро аз якмоҳа ва болотар дар шумор овар».

16 Ва Мусо онҳоро аз рӯи гуфтаи Худованд, чунон ки амр фармуда шуд, дар шумор овард.

17 Ва инҳоянд писарони Левӣ бар ҳасби номҳошон: Ҷершӯн ва Қаҳот ва Марорӣ.

18 Ва ин аст номҳои банӣ‐Ҷершӯн бар ҳасби қабилаҳошон: Либнӣ ва Шимъӣ.

19 Ва банӣ‐Каҳот бар ҳасби қабилаҳошон: Амром ва Йисҳор, Ҳебрӯн ва Узиил.

20 Ва банӣ‐Марорӣ бар ҳасби қабилаҳошон: Маҳлӣ ва Мушӣ. Ҳаминҳоянд хонаводаҳои Левӣ бар ҳасби авлодашон.

21 Аз Ҷершӯн қабилаи Либнӣ ва қабилаи Шимъӣ; ҳаминҳоянд қабилаҳои ҷершӯниён.

22 Дар шумор овардашудагони онҳо мувофиқи адади тамоми мардинаи аз якмоҳа ва болотар: дар шумор овардашудагони онҳо ҳафт ҳазору панҷсад нафаранд.

23 Қабилаҳои ҷершӯниён бояд дар ақиби маскан ба тарафи ғарбӣ хайма зананд.

24 Ва раиси хонадони ҷершӯниён Эльёсоф ибни Лоил аст.

25 Ва ба нигаҳбонии банӣ‐Ҷершӯн дар хаймаи ҷомеъ инҳо супурда мешавад: маскан ва хайма, болопӯши он ва пардаи даромадгоҳи хаймаи ҷомеъ,

26 Ва пардаҳои саҳн, ва пардаи даромадгоҳи саҳне ки гирдогирди маскан ва қурбонгоҳ аст, ва танобҳое ки он барои ҳар хизматаш дорад.

27 Ва аз Қаҳот қабилаи Амром ва қабилаи Йисҳор ва қабилаи Ҳебрӯн ва қабилаи Узиил; ҳаминҳоянд қабилаҳои қаҳотиён.

28 Мувофиқи адади тамоми мардинаи аз якмоҳа ва болотар, ҳашт ҳазору шашсад нафаранд, ки нигаҳбонии колои қудсро бояд иҷро кунанд.

29 Қабилаҳои банӣ‐Қаҳот бояд ба тарафи ҷанубии маскан хайма зананд.

30 Ва раиси хонадони кабилаҳои қаҳотиён Элисофон ибни Узиил аст.

31 Ва нигаҳбонии онҳо бар ин чизҳост: сандуқ ва миз ва чароғдон ва қурбонгоҳҳо ва колои муқаддасе ки хизматро ба воситаи он ба ҷо меоваранд, ва парда ва ҳар он чи ба он тааллуқ дорад.

32 Ва раиси раисони левизодагон Элъозор ибни Ҳоруни коҳин аст; иҷрокунандагони нигаҳбонии колои қудс таҳти назорати ӯ хоҳанд буд.

33 Аз Марорӣ қабилаи Маҳлӣ ва қабилаи Мушӣ; ҳаминҳоянд қабилаҳои марориён.

34 Ва дар шумор овардашудагони онҳо, мувофиқи адади тамоми мардинаи аз якмоҳа ва болотар, шаш ҳазору дусад нафаранд.

35 Ва раиси хонадони қабилаҳои марориён Суриил ибни Абиҳоил аст; онҳо бояд ба тарафи шимолии маскан хайма зананд.

36 Ва вазифаи нигаҳбонии банӣ‐Марорӣ бар ин чизҳост: тахтаҳои маскан ва ғалақаҳояш ва сутунҳояш ва пояҳояш ва тамоми колояш ва тамоми хизматаш.

37 Ва сутунҳои гирдогирди саҳн ва пояҳошон ва мехҳошон ва танобҳошон.

38 Ва пеши маскан аз ҷониби офтоббаро, яъне пеши хаймаи ҷомеъ аз тарафи шарқ, бояд Мусо ва Ҳорун ва писаронаш хайма зананд, ки онҳо вазифаи нигаҳбонии қудс ва нигаҳбонии банӣ‐Исроилро иҷро мекунанд; ва шахси бегонае ки ба он наздик ояд, кушта хоҳад шуд.

39 Ҳамаи дар шумор овардашудагони левизодагон, ки Мусо ва Ҳорун мувофиқи амри Худованд бар ҳасби қабилаҳои онҳо дар шумор оварданд, тамоми мардинаи онҳо аз якмоҳа ва болотар бисту ду ҳазор нафар буданд.

40 Ва Худованд ба Мусо гуфт: «Ҳамаи нахустзодагони мардинаи банӣ‐Исроилро аз якмоҳа ва болотар дар шумор овар, ва адади номҳошонро муқаррар намо.

41 Ва левизодагонро барои Ман, ки Худованд ҳастам, дар ивази ҳамаи нахустзодагони банӣ‐Исроил бигир, ва чорпоёни левизодагонро дар ивази ҳамаи нахустзодагони чорпоёни банӣ‐Исроил».

42 Ва Мусо, чунон ки Худованд ба ӯ амр фармуд, ҳамаи нахустзодагони банӣ‐Исроилро дар шумор овард;

43 Ва ҳамаи нахустзодагони мардина, мувофиқи адади номҳо, аз якмоҳа ва болотар, ки дар шумор оварда шуданд, бисту ду ҳазору дусаду ҳафтоду се нафар буданд.

44 Ва Худованд ба Мусо сухан ронда, гуфт:

45 «Левизодагонро дар ивази ҳамаи нахустзодагони банӣ‐Исроил бигир, ва чорпоёни левизодагонро дар ивази чорпоёни онҳо; ва левизодагон аз они Ман хоҳанд буд. Ман Худованд ҳастам.

46 Ва дар хусуси фидияи дусаду ҳафтоду се нафар нахустзодагони банӣ‐Исроил, ки назар ба левизодагон барзиёданд, —

47 Панҷ сиқлӣ барои ҳар саре бигир, онро бо сиқли муқаддас, ки ҳар сиқл бист ҷеро бошад, бигир.

48 Ва ин нуқраро, ки фидияи адади барзиёди онҳост, ба Ҳорун ва писаронаш бидеҳ».

49 Ва Мусо нуқраи фидияро барои онҳое ки аз адади ивазкардаи левизодагон барзиёд буданд, гирифт.

50 Аз нахустзодагони банӣ‐Исроил нуқраро гирифт: ҳазору сесаду шасту панҷ сиқл бо сиқли муқаддас.

51 Ва Мусо нуқраи фидияро мувофиқи гуфтаи Худованд, ҷунон ки Худованд ба Мусо амр фармуда буд, ба Ҳорун ва писаронаш дод.

4

БОБИ ЧОРУМ

Дастурот дар бораи левизодагон; саршумории онҳо.

1 Ва Худованд ба Мусо ва Ҳорун сухан ронда, гуфт:

2 «Банӣ‐Қаҳотро аз миёни банӣ‐Левӣ бар ҳасби қабилаҳо ва хонадонҳои онҳо дар шумор овар,

3 Аз сисола ва болотар ва то панҷоҳсола, ҳамаи онҳоеро, ки қобили хизматанд, то ки дар хаймаи ҷомеъ кор кунанд.

4 Кори банӣ‐Қаҳот дар хаймаи ҷомеъ қудси қудсҳост.

5 Ва ҳангоме ки кӯч кардани ӯрду лозим шавад, Ҳорун ва писаронаш дохил шуда, пардаи пӯшандаро фурӯд меоваранд, ва сандуқи шаҳодатро бо он мепӯшонанд.

6 Ва болопӯше аз пӯсти тӯҳс бар он мегузоранд, ва аз болояш чодире ки комилан лоҷувардист, паҳн мекунанд, ва дастакҳояшро мегузаронанд.

7 Ва бар мизи нони тақдим чодири лоҷувардӣ паҳн мекунанд, ва табақҳо ва қошуқҳо ва косаҳо ва дӯлчаҳои рехтаниро бар он мегузоранд; ва нони доимӣ бояд бар он бошад.

8 Ва бар онҳо чодири қирмизӣ паҳн мекунанд, ва онро бо болопӯше аз пӯсти тӯҳс мепӯшонанд, ва дастакҳояшро мегузаронанд.

9 Ва чодири лоҷувардие гирифта, чароғдон ва чароғҳояш ва анбӯрҳояш ва маҷмарҳояш ва тамоми колои равғанашро, ки бо онҳо хизмати онро ба ҷо меоваранд, мепӯшонанд.

10 Ва он ва тамоми колояшро дар болопӯше аз пӯсти тӯҳс мегузоранд, ва бар чӯбдастае меовезанд.

11 Ва бар қурбонгоҳи тилло чодири лоҷувардӣ паҳн мекунанд, ва онро бо болопӯше аз пӯсти тӯҳс мепӯшонанд, ва дастакҳояшро мегузаронанд.

12 Ва тамоми колои хизматро, ки бо онҳо дар қудс хизмат мекунанд, гирифта, дар чодири лоҷувардӣ мегузоранд, ва онҳоро бо болопӯше аз пӯсти тӯҳс мепӯшонанд, ва бар чӯбдастае меовезанд.

13 Ва қурбонгоҳро аз хокистар тоза карда, чодири арғувонӣ бар он паҳн мекунанд.

14 Ва тамоми колои онро, ки бо онҳо хизмати онро ба ҷо меоваранд, — маҷмарҳо, чанголҳо, хокандозҳо ва косаҳо, — яъне тамоми колои қурбонгоҳро бар он мегузоранд, ва болопӯше аз пӯсти тӯҳс бар он паҳн мекунанд, ва дастакҳояшро мегузаронанд.

15 Ва чун Ҳорун ва писаронаш дар вақти кӯч кардани ӯрду пӯшонидани қудс ва тамоми колои қудсро ба анҷом расонанд, пас аз он банӣ‐Қаҳот барои бардоштан меоянд; вале набояд ба қудс даст расонанд, вагар на хоҳанд мурд. Ҳамин аст боре ки бояд банӣ‐Қаҳот дар хаймаи ҷомеъ бардоранд.

Воҷиботи Элъозор.

16 Ва таҳти назорати Элъозор ибни Ҳоруни коҳин инҳо хоҳад буд: равған барои рӯшноӣ, ва бухури муаттар, ва ҳадияи ордии доимӣ, ва равғани тадҳин; назорат бар тамоми маскан ва бар ҳар чи дар он аст, яъне бар қудс ва бар колои он».

17 Ва Худованд ба Мусо ва Ҳорун сухан ронда, гуфт:

18 «Сибти қабилаҳои қаҳотиёнро аз миёни левизодагон маҳв накунед,

19 Балки ба онҳо чунин рафтор намоед, то ки дар вақти наздик омаданашон ба қудси қудсҳо онҳо зинда монанд ва намиранд: бигзор Ҳорун ва писаронаш омада, ҳар якеро ба хизматаш ва назди бораш бимонанд;

20 Вале онҳо барои дидани он ки қудсро чӣ гуна мепӯшонанд, набояд биёянд, вагар на хоҳанд мурд».

Воҷиботи банӣ‐Ҷершӯн.

21 Ва Худованд ба Мусо сухан ронда, гуфт:

22 «Банӣ‐Ҷершӯнро низ бар ҳасби хонадонҳо ва қабилаҳои онҳо дар шумор овар.

23 Аз сисола ва болотар то панҷоҳсола онҳоро дар шумор овар, яъне онҳоеро, ки қобили хизматанд, то ки дар хаймаи ҷомеъ кор кунанд.

24 Ин аст кори қабилаҳои ҷершӯниён дар хизматгузорӣ ва боркашонӣ:

25 Онҳо бояд ин чизҳоро бардоранд: пардаҳои маскан ва хаймаи ҷомеъ, болопӯши он ва болопӯше аз пӯсти тӯҳс, ки бар он аз боло мебошад, ва пардаи даромадгоҳи хаймаи ҷомеъ,

26 Ва пардаҳои саҳн ва пардаи даромадгоҳи дарвозаи саҳн, ки гирдогирди маскан ва қурбонгоҳ аст, ва танобҳои онҳо ва тамоми колои хизмати онҳо; ва ҳар кореро, ки бо ин чизҳо кардан лозим аст, онҳо бояд бикунанд.

27 Тамоми хизмати банӣ‐Ҷершӯн дар ҳар боркашонии онҳо ва дар ҳар кори онҳо бояд бо фармони Ҳорун ва писаронаш ба ҷо оварда шавад; ва нигаҳбонии ҳар бореро, ки онҳо мекашонанд, ба зиммаи онҳо бигузоред.

28 Ҳамин аст хизмати қабилаҳои банӣ‐Ҷершӯн дар хаймаи ҷомеъ; ва назорати онҳо дар дасти Итомор ибни Ҳоруни коҳин аст.

Воҷиботи банӣ‐Марорӣ

29 Банӣ‐Марориро бар ҳасби қабилаҳо ва хонадони онҳо дар шумор овар.

30 Аз сисола ва болотар, то панҷоҳсола, ҳамаи онҳоеро, ки қобили хизматанд, то ки хизмати хаймаи ҷомеъро иҷро кунанд, дар шумор овар.

31 Ва ин аст вазифаи боркашонии онҳо дар тамоми хизматашон дар хаймаи ҷомеъ: тахтаҳои маскан ва ғалақаҳояш ва сутунҳояш ва пояҳояш,

32 Ва сутунҳои гирдогирди саҳн ва пояҳошон ва мехҳошон ва танобҳошон бо тамоми колояшон ва тамоми хизматашон; ва колоеро, ки онҳо бояд бардоранд, ном ба ном дар шумор оваред.

33 Ҳамин аст кори қабилаҳои банӣ‐Марорӣ дар тамоми хизматашон дар хаймаи ҷомеъ зери дасти Итомор ибни Ҳоруни коҳин».

34 Ва Мусо ва Ҳорун ва раисони ҷамоат банӣ‐Қаҳотро бар ҳасби қабилаҳо ва хонадонҳои онҳо дар шумор оварданд,

35 Аз сисола ва болотар, то панҷоҳсола, ҳамаи онҳоеро, ки қобили хизматанд, то ки дар хаймаи ҷомеъ кор кунанд.

36 Ва дар шумор овардашудагони онҳо, бар ҳасби қабилаҳои онҳо, ду ҳазору ҳафтсаду панҷоҳ нафар буданд.

37 Ҳаминҳоянд дар шумор овардашудагони қабилаҳои қаҳотиён, ҳамаи онҳое ки дар хаймаи ҷомеъ кор мекарданд, ки онҳоро Мусо ва Ҳорун мувофиқи амре ки Худованд ба воситаи Мусо фармуда буд, дар шумор оварданд.

38 Ва дар шумор овардашудагони банӣ‐Ҷершӯн, бар ҳасби қабилаҳо, ва хонадонҳои онҳо,

39 Аз сисола ва болотар, то панҷоҳсола, ҳамаи онҳое ки қобили хизматанд, то ки дар ҳаймаи ҷомеъ кор кунанд, —

40 Ва дар шумор овардашудагони онҳо бар ҳасби қабилаҳо ва хонадонҳои онҳо, ду ҳазору шашсаду сӣ нафар буданд.

41 Ҳаминҳоянд дар шумор овардашудагони қабилаҳои банӣ‐Ҷершӯн, ҳамаи онҳое ки дар хаймаи ҷомеъ кор мекарданд, ки онҳоро Мусо ва Ҳорун мувофиқи амри Худованд дар шумор оварданд.

42 Ва дар шумор овардашудагони қабилаҳои банӣ‐Марорӣ, бар ҳасби қабилаҳо ва хонадонҳои онҳо,

43 Аз сисола ва болотар, то панҷоҳсола, ҳамаи онҳое ки қобили хизматанд, то ки дар хаймаи ҷомеъ кор кунанд, —

44 Ва дар шумор овардашудагони онҳо, бар ҳасби қабилаҳои онҳо, се ҳазору дусад нафар буданд.

45 Ҳаминҳоянд дар шумор овардашудагони қабилаҳои банӣ‐Марорӣ, ки онҳоро Мусо ва Ҳорун мувофиқи амри Худованд, ки ба воситаи Мусо фармуда шуда буд, дар шумор оварданд.

46 Ҳамаи дар шумор овардашудагоне ки Мусо ва Ҳорун ва раисони Исроил аз левизодагон бар ҳасби қабилаҳо ва хонадонҳои онҳо дар шумор оварданд,

47 Аз сисола ва болотар, то панҷоҳсола, ҳамаи онҳое ки қобили хизматанд, то ки кори хизматрасонӣ ва кори боркашониро дар хаймаи ҷомеъ иҷро кунанд, —

48 Ва ҳамаи дар шумор овардашудагони онҳо ҳашт ҳазору панҷсаду ҳаштод нафар буданд.

49 Бар тибқи амри Худованд ба воситаи Мусо ҳар яке аз онҳо ба хизматрасонӣ ва боркашонии худ таъин намуда ва дар шумор оварда шуданд, чунон ки Худованд ба Мусо амр фармуда буд.

5

БОБИ ПАНҶУМ

Хориҷ кардани ҳар нопокӣ; ҳадияҳои рашк.

1 Ва Худованд ба Мусо сухан ронда, гуфт:

2 «Ба банӣ‐Исроил амр фармо, ки ҳар махавӣ ва ҳар каси ҷараёндор ва ҳар каси аз мурда наҷисшударо аз ӯрдугоҳ хориҷ кунанд.

3 Хоҳ мард бошад хоҳ зан, хориҷ кунед; онҳоро ба беруни ӯрдугоҳ хориҷ кунед, то ки ӯрдугоҳҳои худро, ки Ман дар миёни онҳо сокин ҳастам, наҷис нагардонанд».

4 Ва банӣ‐Исроил чунин карданд, ва онҳоро ба беруни ӯрдугоҳ хориҷ карданд; чунон ки Худованд ба Мусо сухан ронда буд, банӣ‐Исроил ончунон карданд.

5 Ва Худованд ба Мусо сухан ронда, гуфт:

6 «Ба банӣ‐Исроил бигӯ: агар марде ё зане ягон гуноҳи одамизодро ба амал оварда, дар ҳаққи Худованд хиёнат кунад, ва он шахс гуноҳкор шавад, —

7 Бигзор гуноҳеро, ки вай ба амал овардааст, эътироф намояд, ва он чиро, ки дар он гуноҳкор шудааст, пурра баргардонад, ва панҷьяки қимати онро бар он илова намуда, ба касе ки дар ҳаққаш гуноҳ кардааст, бидиҳад.

8 Ва агар он кас ворисе надошта бошад, то ки талофии гуноҳ ба вай дода шавад, дар он сурат талофии гуноҳ, ки барои Худованд дода мешавад, аз они коҳин хоҳад буд, ба замми қӯчқори кафорат, ки ба воситаи он ӯ варо кафорат менамояд.

9 Ва ҳар ҳадия аз ҳамаи вақфҳои банӣ‐Исроил, ки назди коҳин меоваранд, аз они ӯ хоҳад буд.

10 Ва вақфҳои ҳар кас аз они худаш хоҳад буд: он чи касе ба коҳин медиҳад, аз они ӯ хоҳад буд».

11 Ва Худованд ба Мусо сухан ронда, гуфт:

12 «Ба банӣ‐Исроил сухан ронда, ба онҳо бигӯ: зани касе агар гумроҳ шуда, ба ӯ хиёнат кунад,

13 Ва марде бо вай хобида, нутфа резад, ва ин аз чашми шавҳараш пинҳон монад, ва вай ниҳонӣ наҷис гардад, ва шоҳиде ба зидди вай набошад, ва вай дастгир нашавад,

14 Ва рӯҳи рашк бар ӯ ғолиб омада, ӯ аз занаш рашк барад, дар сурате ки вай наҷис гардидааст, ё ки рӯҳи рашк бар ӯ ғолиб омада, ӯ аз занаш рашк барад, ва ҳол он ки вай наҷис нагардидааст, —

15 Бигзор он шавҳар зани худро назди коҳин оварад, ва барои вай ушри эфаи орди ҷавро ҳадия биёрад; лекин равған бар он нарезад ва лебӯно бар он намонад, зеро ки он ҳадияи рашк, ҳадияи ёдгорӣ мебошад, ки гуноҳро хотиррасон менамояд.

16 Ва коҳин варо наздик оварда, ба хузури Худованд меистонад.

17 Ва коҳин дар зарфи сафолин оби муқаддас мегирад, ва коҳин аз хоке ки бар фарши маскан аст, гирифта, дар об меандозад.

18 Ва коҳин занро ба хузури Худованд меистонад, ва мӯи сари занро воз мекунад, ва ҳадияи ёдгориро, ки ҳадияи рашк аст, бар кафҳои дасти вай мегузорад; ва дар дасти коҳин оби талхи лаънатовар хоҳад буд.

19 Ва коҳин варо қасам медиҳад, ва ба зан мегӯяд: „Агар марде бо ту нахобида бошад, ва агар ҳангоми шавҳардории худ бо гумроҳӣ наҷис нашуда бошӣ, — аз ин оби талхи лаънатовар осеб нахоҳӣ дид;

20 Вале агар ҳангоми шавҳардории худ бо гумроҳӣ наҷис шуда бошӣ, ва марде, ғайр аз шавҳарат, бо ту ҳамхоб гардида бошад“, —

21 Он гоҳ коҳин занро қасами лаънат медиҳад, ва коҳин ба зан мегӯяд: „Бигзор Худованд туро дар миёни кавми ту ба лаънат ва қасам гирифтор кунад, ба тавре ки Худованд ронатро лоғар ва шикаматро омосдор гардонад;

22 Ва бигзор ҳамин оби лаънатовар ба амъоят дохил шавад, то ки шикамат биомосад ва ронат лоғар гардад“. Ва зан мегӯяд: „Омин, омин“.

23 Ва коҳин ин лаънатҳоро бар тӯморе менависад, ва дар оби талх шуста меравонад;

24 Ва он оби талхи лаънатоварро ба зан менӯшонад, ва он оби лаънатовар дар вай дохил шуда, талх мегардад.

25 Ва коҳин ҳадияи рашкро аз дасти зан мегирад, ва ин ҳадияро ба ҳузури Худованд меҷунбонад, ва онро назди қурбонгоҳ меоварад.

26 Ва коҳин аз ин ҳадия ҳиссаи ёдгории онро бо мушташ гирифта, бар қурбонгоҳ месӯзонад, ва сонӣ он обро ба зан менӯшонад.

27 Ва ҳангоме ки обро ба вай бинӯшонад, агар вай наҷис гардида, ба шавҳараш хиёнат карда бошад, он оби лаънатовар дар вай дохил шуда талх мегардад, ва шиками вай меомосад, ва рони вай лоғар мешавад, ва ин зан дар миёни қавми худ малъун мегардад.

28 Ва агар он зан наҷис нашуда, пок бошад, — ба вай осебе намерасад, ва вай ҳомила шуда, зурьёт мебинад.

29 Ин аст шариати рашк, вақте ки зан ба шавҳараш хиёнат карда, наҷис мешавад,

30 Ё вақте ки бар мард рӯҳи рашк ғолиб омада, аз занаш рашк мебарад: он гоҳ бигзор ӯ занро ба ҳузури Худованд истонад, то ки коҳин тамоми ин шариатро бо вай ба амал оварад.

31 Ва он мард аз гуноҳ фориғ мешавад, ва он зан барои гуноҳи худ ҷазо меёбад».

6

БОБИ ШАШУМ

Дар бораи назирон.

1 Ва Худованд ба Мусо сухан ронда, гуфт:

2 «Ба банӣ‐Исроил сухан ронда, ба онҳо бигӯ: агар марде ё зане назри назирӣ кунад, то ки назирӣ+ 6:2 Назир — шахсе ки кайфу сафои зиндагиро (масалан шаробнӯшӣ ва ҳоказоро) тарк карда, дар покӣ ва қудсият умр мегузаронад. Худованд бошад,

3 Вай бояд аз шароб ва арақ парҳез намояд, сиркои шароб ва сиркои арақро нанӯшад, ва ҳеҷ шарбати ангурро нанӯшад, ва ангури тар ё хушк нахӯрад.

4 Тамоми айёми назирии худ аз ҳар чизе ки аз ангур, аз донакаш гирифта то пӯсташ, тайёр карда мешавад, набояд бихӯрад.

5 Тамоми айёми назри назирии вай поку бар сари вай набояд бирасад; то тамом шудани айёме ки худро назири Худованд гардонидааст, вай муқаддас буда, мӯи сарашро бояд калон кунад.

6 Тамоми айёме ки вай назири Худованд аст, набояд ба ҷасади мурдае наздик ояд.

7 Барои падараш ва модараш, бародараш ва хоҳараш, — ҳатто барои онҳо низ, вақте ки бимиранд, вай набояд наҷис шавад, зеро ки аломати назирии Худои вай бар сари вай аст.

8 Тамоми айёми назирии худ вай барои Худованд муқаддас аст.

9 Ва агар касе назди вай баногоҳ, якбора бимирад, ва мӯйсари назирии варо наҷис гардонад, — вай бояд сари худро дар рӯзи пок шудани худ битарошад, дар рӯзи ҳафтум бояд онро битарошад.

10 Ва дар рӯзи ҳаштум бояд ду фохта ё ду чӯҷаи кабӯтар назди коҳин, ба дари хаймаи ҷомеъ биёрад.

11 Ва коҳин якеро барои қурбонии гуноҳ ва дигареро барои қурбонии сӯхтанӣ тақдим намуда, варо барои гуноҳаш, ки аз ҷасади мурда наҷис шудааст, кафорат менамояд, ва сари варо дар он рӯз тақдис мекунад.

12 Ва айёми назирии худро вай аз нав ба Худованд назр менамояд, ва барраи яксолае барои қурбонии ҷурм меоварад; вале рӯзҳои пешина ботил мешавад, зеро ки назирии вай наҷис гардидааст.

13 Ва ин аст шариат дар бораи назир: вақте ки айёми назирии ӯ анҷом ёбад, ӯро назди даромадгоҳи хаймаи ҷомеъ меоваранд;

14 Ва ӯ қурбонии худро барои Худованд тақдим менамояд: як барраи нари яксолаи беайб барои қурбонии сӯхтанӣ, як барраи модаи яксолаи беайб барои қурбонии гуноҳ, ва як қӯчқори беайб барои қурбонии саломатӣ,

15 Ва як сабад нони фатир: қурсҳои орди маҳини бо равған омехташуда, ва нончаҳои тунуки равған молидашуда, ва ҳадияи ордии онҳо ва ҳадияи рехтании онҳо.

16 Ва коҳин онҳоро ба ҳузури Худованд наздик оварда, қурбонии гуноҳи ӯ ва қурбонии сӯхтании ӯро тақдим менамояд.

17 Ва қӯчқорро бо сабади нони фатир ҳамчун қурбонии саломатӣ барои Худованд тақдим менамояд; ва коҳин ҳадияи ордии ӯ ва ҳадияи рехтании ӯро тақдим менамояд.

18 Ва он назир сари назирии худро назди даромадгоҳи хаймаи ҷомеъ метарошад, ва мӯйсари назирии худро гирифта, бар оташе ки зери қурбонии саломатӣ мебошад, мегузорад.

19 Ва коҳин як соқи пеши пухташудаи қӯчқорро бо як қурси фатир ва бо як нончаи тунуки фатир аз сабад гирифта, бар кафҳои дасти назир, баъд аз тарошидани мӯйсари назри вай, мегузорад.

20 Ва коҳин онҳоро ҳамчун инъоми ҷунбониданӣ ба ҳузури Худованд меҷунбонад: ин барои коҳин, ба замми синаи ҷунбониданӣ ва соқи пешкаш, муқаддас аст; баъд аз ин назир метавонад шароб нӯшад.

21 Ҳамин аст шариат дар бораи назире ки назр намудааст, ва дар бораи қурбоние ки ӯ бояд барои назирии худ ба Худованд тақдим кунад, ба замми он чи барои дороии ӯ дастрас аст; мувофиқи назре ки кардааст, ӯ бояд ҳамон тавр, ба замми шариати назирии худ, ба амал оварад».

22 Ва Худованд ба Мусо сухан ронда, гуфт:

23 «Ба Ҳорун ва писаронаш сухан ронда, бигӯ: банӣ‐Исроилро чунин баракат дода, ба онҳо бигӯед:

24 Бигзор Худованд туро баракат диҳад ва туро нигаҳбонӣ намояд!

25 Бигзор Худованд бо рӯи Худ бар ту партав афканад

ва туро марҳамат намояд!

26 Бигзор Худованд рӯи Худро сӯи ту нигаронад ва саломатӣ ба ту бахшад!

27 Бигзор исми Маро бар банӣ‐Исроил бихонад, ва Ман онҳоро баракат хоҳам дод».

7

БОБИ ҲАФТУМ

Инъомҳои раисон. Тақдиси маскан.

1 Ва дар рӯзе ки Мусо барпо кардани масканро ба анҷом расонид, ва онро тадҳин намуд, ва онро бо тамоми колояш, ва қурбонгоҳро бо тамоми колояш тақдис намуд, ва онҳоро тадҳин ва тақдис намуд,

2 Раисони Исроил, сардорони хонаводаҳошон, — ҳамонҳое ки раисони сибтҳо буда, бар сари онҳое меистоданд, ки дар шумор оварда шуда буданд, — наздик омаданд,

3 Ва қурбонии худро ба ҳузури Худованд тақдим карданд: шаш аробаи болопӯшида ва дувоздаҳ барзагов, яъне як ароба барои ду раис, ва як барзагов барои ҳар яке; ва онҳоро ба ҳузури Худованд наздик оварданд.

4 Ва Худованд ба Мусо сухан ронда, гуфт:

5 «Аз онҳо бигир, то ки барои иҷрои хизмати хаймаи ҷомеъ кор фармуда шавад; ва онҳоро ба левизодагон, ба ҳар яке мувофиқи хизматаш, бисупор».

6 Ва Мусо аробаҳо ва барзаговҳоро гирифт, ва онҳоро ба левизодагон супурд.

7 Ду ароба ва чор барзаговро ба банӣ‐Ҷершӯн, мувофиқи хизматашон, супурд.

8 Ва чор ароба ва ҳашт барзаговро ба банӣ‐Марорӣ, мувофиқи хизматашон, зери назорати Итомор ибни Ҳоруни коҳин супурд.

9 Вале ба банӣ‐Қаҳот чизе насупурд, зеро ки хизмати дохили қудс ба зиммаи онҳо гузошта шуда буд, ва онҳо борҳоро бар китфи худ мебардоштанд.

10 Ва раисон қурбониҳои тақдиси қурбонгоҳро дар рӯзи тадҳин намудани он тақдим карданд; ва раисон қурбонии худро пеши қурбонгоҳ тақдим карданд.

11 Ва Худованд ба Мусо гуфт: «Бигзор ҳар раис як рӯз қурбонии худро барои тақдиси қурбонгоҳ тақдим кунад».

12 Ва дар рӯзи якум Наҳшӯн ибни Амминодоб, аз сибти Яҳудо, қурбонии худро тақдим намуд;

13 Ва қурбонии ӯ иборат аз инҳо буд: як табақи нуқра, вазнаш саду сӣ сиқл, як косаи нуқра, вазнаш ҳафтод сиқл бо сиқли муқаддас; ҳар дуяш пур аз орди маҳини омехта бо равған, барои ҳадияи ордӣ;

14 Як қошуқи тилло, вазнаш даҳ сиқл, пур аз бухур;

15 Як наргови ҷавон, як қӯчқор, як барраи нари яксола, барои қурбонии сӯхтанӣ;

16 Як нарбуз барои қурбонии гуноҳ;

17 Ва барои забҳи саломатӣ ду наргов, панҷ қӯчқор, панҷ нарбуз, панҷ барраи нари яксола; инҳо қурбонии Наҳшӯн ибни Амминодоб буд.

18 Дар рӯзи дуюм Натанъил ибни Суор, раиси Иссокор, тақдим намуд.

19 Вай қурбонии худро тақдим намуд, ки иборат аз инҳо буд: як табақи нуқра, вазнаш саду сӣ сиқл, як косаи нуқра, вазнаш ҳафтод сиқл бо сиқли муқаддас; ҳар дуяш пур аз орди маҳини омехта бо равған, барои ҳадияи ордӣ;

20 Як қошуқи тилло, вазнаш даҳ сиқл, пур аз бухур;

21 Як наргови ҷавон, як қӯчқор, як барраи нари яксола, барои қурбонии сӯхтанӣ;

22 Як нарбуз барои қурбонии гуноҳ;

23 Ва барои забҳи саломатӣ ду наргов, панҷ қӯчқор, панҷ нарбуз, панҷ барраи нари яксола; инҳо қурбонии Натанъил ибни Суор буд.

24 Дар рӯзи сеюм — Элиоб ибни Ҳалӯн, раиси банӣ‐Забулун.

25 Қурбонии ӯ: як табақи нуқра, вазнаш саду сӣ сиқл, як косаи нуқра, вазнаш ҳафтод сиқл бо сиқли муқаддас; ҳар дуяш пур аз орди маҳини омехта бо равған, барои ҳадияи ордӣ;

26 Як қошуқи тилло, вазнаш даҳ сиқл, пур аз бухур;

27 Як наргови ҷавон, як қӯчқор, як барраи нари яксола, барои қурбонии сӯхтанӣ;

28 Як нарбуз барои қурбонии гуноҳ;

29 Ва барои забҳи саломатӣ ду наргов, панҷ қӯчқор, панҷ нарбуз, панҷ барраи нари яксола; инҳо қурбонии Элиоб ибни Ҳалӯн буд.

30 Дар рӯзи чорум — Элисур ибни Шадиур, раиси банӣ‐Реубен.

31 Қурбонии ӯ: як табақи нуқра, вазнаш саду сӣ сиқл, як косаи нуқра, вазнаш ҳафтод сиқл бо сиқли муқаддас; ҳар дуяш пур аз орди маҳини омехта бо равған, барои ҳадияи ордӣ;

32 Як қошуқи тилло, вазнаш даҳ сиқл, пур аз бухур;

33 Як наргови ҷавон, як қӯчқор, як барраи нари яксола, барои қурбонии сӯхтанӣ;

34 Як нарбуз барои қурбонии гуноҳ;

35 Ва барои забҳи саломатӣ ду наргов, панҷ қӯчқор, панҷ нарбуз, панҷ барраи нари яксола; инҳо қурбонии Элисур ибни Шадиур буд.

36 Дар рӯзи панҷум — Шалумиил ибни Суришаддой, раиси банӣ‐Шимъӯн.

37 Қурбонии ӯ: як табақи нуқра, вазнаш саду сӣ сиқл, як косаи нуқра, вазнаш ҳафтод сиқл бо сиқли муқаддас; ҳар дуяш пур аз орди маҳини омехта бо равған, барои ҳадияи ордӣ;

38 Як қошуқи тилло, вазнаш даҳ сиқл, пур аз бухур;

39 Як наргови ҷавон, як қӯчқор, як барраи нари яксола, барои қурбонии сӯхтанӣ;

40 Як нарбуз барои қурбонии гуноҳ;

41 Ва барои забҳи саломатӣ ду наргов, панҷ қӯчқор, панҷ нарбуз, панҷ барраи нари яксола; инҳо қурбонии Шалумиил ибни Суришаддоӣ буд.

42 Дар рӯзи шашум — Эльёсоф ибни Дауил, раиси банӣ‐Ҷод.

43 Қурбонии ӯ: як табақи нуқра, вазнаш саду сӣ сиқл, як косаи нуқра, вазнаш ҳафтод сиқл бо сиқли муқаддас; ҳар дуяш пур аз орди маҳини омехта бо равған, барои ҳадияи ордӣ;

44 Як қошуқи тилло, вазнаш даҳ сиқл, пур аз бухур;

45 Як наргови ҷавон, як қӯчқор, як барраи нари яксола, барои қурбонии сӯхтанӣ;

46 Як нарбуз барои қурбонии гуноҳ;

47 Ва барои забҳи саломатӣ ду наргов, панҷ қӯчқор, панҷ нарбуз, панҷ барраи нари яксола; инҳо қурбонии Эльёсоф ибни Дауил буд.

48 Дар рӯзи ҳафтум — Элишомоъ ибни Аммиҳуд, раиси банӣ‐Эфроим.

49 Қурбонии ӯ: як табақи нуқра, вазнаш саду сӣ сиқл, як косаи нуқра, вазнаш ҳафтод сиқл бо сиқли муқаддас, ҳар дуяш пур аз орди маҳини омехта бо равған, барои ҳадияи ордӣ;

50 Як қошуқи тилло, вазнаш даҳ сиқл, пур аз бухур;

51 Як наргови ҷавон, як қӯчқор, як барраи нари яксола, барои қурбонии сӯхтанӣ;

52 Як нарбуз барои қурбонии гуноҳ;

53 Ва барои забҳи саломатӣ ду наргов, панҷ қӯчқор, панҷ нарбуз, панҷ барраи нари яксола; инҳо қурбонии Элишомоъ ибни Аммиҳуд буд.

54 Дар рӯзи ҳаштум — Ҷамлиил ибни Фадоҳсур, раиси банӣ‐Менашше.

55 Қурбонии ӯ: як табақи нуқра, вазнаш саду сӣ сиқл, як косаи нуқра, вазнаш ҳафтод сиқл бо сиқли муқаддас; ҳар дуяш пур аз орди маҳини омехта бо равған, барои ҳадияи ордӣ;

56 Як қошуқи тилло, вазнаш даҳ сиқл, пур аз бухур;

57 Як наргови ҷавон, як қӯчқор, як барраи нари яксола, барои қурбонии сӯхтанӣ;

58 Як нарбуз барои қурбонии гуноҳ;

59 Ва барои забҳи саломатӣ ду наргов, панҷ қӯчқор, панҷ нарбуз, панҷ барраи нари яксола; инҳо қурбонии Ҷамлиил ибни Фадоҳсур буд.

60 Дар рӯзи нӯҳум — Абидон ибни Ҷидъӯнӣ, раиси банӣ‐Биньёмин.

61 Қурбонии ӯ: як табақи нуқра, вазнаш саду сӣ сиқл, як косаи нуқра, вазнаш ҳафтод сиқл бо сиқли муқаддас; ҳар дуяш пур аз орди маҳини омехта бо равған, барои ҳадияи ордӣ;

62 Як қошуқи тилло, вазнаш даҳ сиқл, пур аз бухур;

63 Як наргови ҷавон, як қӯчқор, як барраи нари яксола, барои қурбонии сӯхтанӣ;

64 Як нарбуз барои қурбонии гуноҳ;

65 Ва барои забҳи саломатӣ ду наргов, панҷ қӯчқор, панҷ нарбуз, панҷ барраи нари яксола; инҳо қурбонии Абидон ибни Ҷидъӯнӣ буд.

66 Дар рӯзи даҳум — Аҳиозар ибни Аммишаддой, раиси банӣ‐Дон.

67 Қурбонии ӯ: як табақи нуқра, вазнаш саду сӣ сиқл, як косаи нуқра, вазнаш ҳафтод сиқл бо сиқли муқаддас; ҳар дуяш пур аз орди маҳини омехта бо равған, барои ҳадияи ордӣ;

68 Як қошуқи тилло, вазнаш даҳ сиқл, пур аз бухур;

69 Як наргови ҷавон, як қӯчқор, як барраи нари яксола, барои қурбонии сӯхтанӣ;

70 Як нарбуз барои қурбонии гуноҳ;

71 Ва барои забҳи саломатӣ ду наргов, панҷ қӯчқор, панҷ нарбуз, панҷ барраи нари яксола; инҳо қурбонии Аҳиозар ибни Аммишаддой буд.

72 Дар рӯзи ёздаҳум — Фаҷъиил ибни Окрон, раиси банӣ‐Ошер.

73 Қурбонии ӯ: як табақи нуқра, вазнаш саду сӣ сиқл, як косаи нуқра, вазнаш ҳафтод сиқл бо сиқли муқаддас; ҳар дуяш пур аз орди маҳини омехта бо равған, барои ҳадияи ордӣ;

74 Як қошуқи тилло, вазнаш даҳ сиқл, пур аз бухур;

75 Як наргови ҷавон, як қӯчқор, як барраи нари яксола, барои қурбонии сӯхтанӣ;

76 Як нарбуз барои қурбонии гуноҳ;

77 Ва барои забҳи саломатӣ ду наргов, панҷ қӯчқор, панҷ нарбуз, панҷ барраи нари яксола; инҳо қурбонии Фаҷъиил ибни Окрон буд.

78 Дар рӯзи дувоздаҳум — Аҳираъ ибни Энон, раиси банӣ‐Нафтолӣ.

79 Қурбонии ӯ: як табақи нуқра, вазнаш саду сӣ сиқл, як косаи нуқра, вазнаш ҳафтод сиқл бо сиқли муқаддас; ҳар дуяш пур аз орди маҳини омехта бо равған, барои ҳадияи ордӣ;

80 Як қошуқи тилло, вазнаш даҳ сиқл, пур аз бухур;

81 Як наргови ҷавон, як қӯчқор, як барраи нари яксола, барои қурбонии сӯхтанӣ;

82 Як нарбуз барои қурбонии гуноҳ;

83 Ва барои забҳи саломатӣ ду наргов, панҷ қӯчқор, панҷ нарбуз, панҷ барраи нари яксола; инҳо қурбонии Аҳираъ ибни Энон буд.

84 Инҳо буд ҳадия ва қурбониҳои тақдиси қурбонгоҳ дар рӯзи тадҳин кардани он, аз ҷониби раисони Исроил: дувоздаҳ табақи нуқра, дувоздаҳ косаи нуқра, дувоздаҳ қошуқи тилло.

85 Саду сӣ сиқл нуқра дар ҳар табақ буд, ва ҳафтод сиқл дар ҳар коса; тамоми нуқраи ин коло ду ҳазору чорсад сиқл бо сиқли муқаддас буд.

86 Дувоздаҳ қошуқи тиллои пур аз буҳур, вазни ҳар кадомаш даҳ сиқл бо сиқли муқаддас, тамоми тиллои қошуқҳо саду бист сиқл буд.

87 Ҷамъи чорпоён барои қурбонии сӯхтанӣ: дувоздаҳ наргови ҷавон, дувоздаҳ қӯчқор, дувоздаҳ барраи нари яксола бо ҳадияи ордии онҳо, ва дувоздаҳ нарбуз барои қурбонии гуноҳ.

88 Ва ҷамъи чорпоён барои забҳи саломатӣ: бисту чор наргов, шаст қӯчқор, шаст нарбуз, шаст барраи нари яксола; ин буд тақдиси қурбонгоҳ баъд аз тадҳини он.

89 Ва ҳангоме ки Мусо ба хаймаи ҷомеъ даромад, то ки бо Ӯ сухан ронад, овозеро шунид, ки аз болои сарпӯше ки бар сандуқи шаҳодат буд, аз миёни ду каррубӣ ба вай сухан меронд; ва Ӯ ба вай сухан меронд.

8

БОБИ ҲАШТУМ

Дар бораи чароғдонҳо ва чароғҳо.

1 Ва Худованд ба Мусо сухан ронда, гуфт:

2 «Ба Ҳорун сухан ронда, ба вай бигӯ: вақте ки чароғҳоро дармегиронӣ, бигзор ин ҳафт чароғ ба тарафи пеши чароғдон рӯшноӣ диҳад».

3 Ва Ҳорун чунин кард: ба тарафи пеши чароғдон чароғҳои онро даргиронид, чунон ки Худованд ба Мусо амр фармуда буд.

4 Ва ин аст сохти чароғдон: тиллои яклухти мазруб, пояаш то гулҳояш яклухти мазруб; мувофиқи намунае ки Худованд ба Мусо нишон дода буд, ӯ чароғдонро ҳамин тавр сохт.

Татҳири левизодагон.

5 Ва Худованд ба Мусо сухан ронда, гуфт:

6 «Левизодагонро аз миёни банӣ‐Исроил бигир ва онҳоро татҳир намо.

7 Ва барои татҳирашон ба онҳо чунин амал намо: оби татҳири гуноҳро бар онҳо бипош, ва бигзор онҳо тамоми бадани худро бо поку битарошанд, ва либосҳои худро бишӯянд, ва пок хоҳанд шуд;

8 Ва наргови ҷавонеро бо ҳадияи ордии он, ки орди маҳини омехта бо равған бошад, бигиранд, ва ту наргови ҷавони дуюмро барои қурбонии гуноҳ бигир.

9 Ва левизодагонро назди хаймаи ҷомеъ биёр, ва тамоми ҷамоати банӣ‐Исроилро ҷамъ намо.

10 Ва левизодагонро ба ҳузури Худованд наздик овар, ва бигзор банӣ‐Исроил дастҳои худро бар левизодагон бимонанд.

11 Ва бигзор Ҳорун левизодагонро ба ҳузури Худованд аз ҷониби банӣ‐Исроил ҳамчун инъоми ҷунбониданӣ ба ҷунбиш оварад, то ки онҳо барои иҷрои хизмати Худованд тақдис ёбанд.

12 Ва бигзор левизодагон дастҳои худро бар сари нарговон бимонанд; ва ту якеро ҳамчун қурбонии гуноҳ, ва дигареро ҳамчун қурбонии сӯхтанӣ ба Худованд, барои кафорати левизодагон, тақдим намо.

13 Ва левизодагонро пеши Ҳорун ва писаронаш истонида, онҳоро ҳамчун инъоми ҷунбониданӣ барои Худованд ба ҷунбиш овар.

14 Ва левизодагонро аз миёни банӣ‐Исроил ҷудо намо, ва левизодагон аз они Ман хоҳанд буд.

15 Ва баъд аз ин, левизодагон барои иҷрои хизмати хаймаи ҷомеъ хоҳанд омад, ва ту онҳоро татҳир намо, ва онҳоро ҳамчун инъоми ҷунбониданӣ ба ҷунбиш овар.

16 Зеро ки онҳо аз миёни банӣ‐Исроил комилан ба Ман дода шудаанд; дар ивази ҳар раҳимкушо, яъне ҳар нахустзода аз банӣ‐Исроил, Ман онҳоро барои худ гирифтаам.

17 Зеро ки ҳар нахустзодаи банӣ‐Исроил, аз одамон то чорпоён, аз они Ман аст: дар рӯзе ки Ман ҳар нахустзодаро дар замини Миср зарба задам, инҳоро барои Худ тақдис намудам.

18 Ва левизодагонро дар ивази ҳамаи нахустзодагони банӣ‐Исроил гирифтам.

19 Ва левизодагонро аз миёни банӣ‐Исроил дода, ба Ҳорун ва писаронаш тобеъ кардам, то ки хизмати банӣ‐Исроилро дар хаймаи ҷомеъ ба ҷо оваранд ва банӣ‐Исроилро кафорат намоянд, ва ҳангоме ки банӣ‐Исроил ба қудс наздик оянд, осебе ба банӣ‐Исроил нарасад».

20 Ва Мусо ва Ҳорун ва тамоми ҷамоати банӣ‐Исроил ба левизодагон чунин амал карданд: мувофиқи ҳар он чи Худованд ба Мусо дар бораи левизодагон амр фармуда буд, банӣ‐Исроил ба онҳо ҳамон тавр амал карданд.

21 Ва левизодагон бо оби татҳири гуноҳ пок шуданд, ва либосҳои худро шустанд; ва Хорун онҳоро ҳамчун инъоми ҷунбониданӣ ба ҳузури Худованд ба ҷунбиш овард, ва Ҳорун онҳоро, барои пок шуданашон, кафорат намуд.

22 Ва баъд аз ин, левизодагон даромаданд, то ки хизмати худро дар хаймаи ҷомеъ пеши Ҳорун ва писаронаш ба ҷо оваранд; чунон ки Худованд ба Мусо дар бораи левизодагон амр фармуда буд, ончунон ба онҳо амал карданд.

23 Ва Худованд ба Мусо сухан ронда, гуфт:

24 «Ин аст дастур дар бораи левизодагон: аз синни бисту панҷсола ва болотар онҳо бояд ба хизмат дохил шаванд, то ки корҳои хаймаи ҷомеъро ба ҷо оваранд.

25 Ва аз синни панҷоҳсолагӣ аз хизмат фориғ шуда, дигар кор накунанд.

26 Вале ба бародарони худ дар хаймаи ҷомеъ барои навбатдорӣ кӯмак расонанд, аммо кор накунанд; ба левизодагон оид ба иҷрои вазифаҳошон чунин амал намо».

9

БОБИ НӮҲУМ

Дастурот дар бораи фисҳ.

1 Ва Худованд ба Мусо дар биёбони Сино дар соли дуюми аз Миср берун омаданашон, дар моҳи якум, сухан ронда, гуфт:

2 «Бигзор банӣ‐Исроил фисҳро дар мӯҳлати он ба ҷо оваранд.

3 Дар рӯзи чордаҳуми ҳамин моҳ, шомгоҳ, онро дар мӯҳлаташ ба ҷо оваред; мувофиқи тамоми фароизаш ва тамоми аҳкомаш онро ба амал оваред».

4 Ва Мусо ба банӣ‐Исроил гуфт, ки фисҳро ба ҷо оваранд.

5 Ва фисҳро дар моҳи яқум, дар рӯзи чордаҳуми моҳ, шомгоҳ, дар биёбони Сино ба ҷо оварданд; мувофиқи ҳар он чи Худованд ба Мусо амр фармуда буд, банӣ‐Исроил ҳамон тавр амал карданд.

6 Вале одамоне буданд, ки ба ҷасади мурда расида наҷис шуда буданд, ва фисҳро дар он рӯз наметавонистанд ба ҷо оваранд; ва онҳо дар он рӯз назди Мусо ва Ҳорун омаданд.

7 Ва он одамон ба ӯ гуфтанд: «Мо ба ҷасади мурда расида наҷис шудаем; пас чаро мо маҳрум аз он бошем, ки қурбонии Худовандро дар мӯҳлаташ дар миёни банӣ‐Исроил тақдим намоем?»

8 Ва Мусо ба онҳо гуфт: «Биистед, то бишнавам, ки Худованд дар бораи шумо чӣ амр мефармояд».

9 Ва Худованд ба Мусо сухан ронда, гуфт:

10 «Ба банӣ‐Исроил сухан ронда, бигӯ: ҳар кӣ аз шумо ё аз наслҳои шумо ба ҷасади мурда расида наҷис шуда бошад, ё дар сафари дур бошад, бояд вай низ фисҳи Худовандро ба ҷо оварад.

11 Бигзор дар моҳи дуюм, дар рӯзи чордаҳум, шомгоҳ, онро ба ҷо оваранд; бо фатир ва бо сабзаи талх онро бихӯранд.

12 Чизе аз он то субҳ боқӣ нагузоранд, ва устухонҳояшро нашикананд; мувофиқи тамоми фароизи фисҳ онро ба ҷо оваранд.

13 Валекин касе ки пок бошад, ва дар сафар набошад, ва аз иҷрои фисҳ гардан тобад, он кас аз миёни қавми худ маҳв хоҳад шуд, зеро ки қурбонии Худовандро дар мӯҳлаташ тақдим накардааст; он кас барои гуноҳи худ ҷазо хоҳад ёфт.

14 Ва агар ғарибе дар миёни шумо сокин шавад, бояд вай низ фисҳи Худовандро ба ҷо оварад, мувофиқи фаризаи фисҳ ва дастури он амал намояд; барои шумо як фариза хоҳад буд, — ҳам барои ғариб ва ҳам барои тубҷоӣ».

Дар бораи абре ки масканро мепӯшонид.

15 Ва дар рӯзе ки маскан барпо шуд, абр масканро, ки хаймаи шаҳодат буд, пӯшонид, ва аз шом то субҳ бар маскан чизе мисли зуҳури оташ намоён буд.

16 Ҳамеша чунин буд: абр рӯзона онро мепӯшонид, ва шабона — зуҳури оташ.

17 Ва ҳар вақте ки абр аз хайма баланд мешуд, аз паи он банӣ‐Исроил кӯч мекарданд, ва дар маконе ки абр таваққуф менамуд, он ҷо банӣ‐Исроил ӯрду мезаданд.

18 Бо ҳидояти Худованд банӣ‐Исроил кӯч мекарданд, ва бо ҳидояти Худованд ӯрду мезаданд; дар ҳамаи рӯзҳое ки абр бар маскан таваққуф менамуд, онҳо дар ӯрдугоҳ мемонданд.

19 Ва агар абр рӯзҳои бисьёр бар маскан таваққуф мекард, банӣ‐Исроил ин дастури Худовандро пайравӣ намуда, кӯч намекарданд.

20 Ва баъзан абр якчанд рӯз бар маскан меистод, — онҳо бо ҳидояти Худованд дар ӯрдугоҳ мемонданд ва бо ҳидояти Худованд кӯч мекарданд.

21 Ва баъзан абр аз шом то субҳ меистод, ва субҳидам абр баланд мешуд, — он вақт онҳо низ кӯч мекарданд; ё ки абр як шабонарӯз таваққуф намуда, баъд баланд мешуд, — онҳо низ кӯч мекарданд.

22 Ё ки абр агар ду рӯз ё як моҳ ё як сол бар маскан таваққуф намуда, бар он мемонд, — банӣ‐Исроил низ дар ӯрдугоҳ монда, кӯч намекарданд; ва ҳангоме ки он баланд мешуд, онҳо кӯч мекарданд.

23 Бо ҳидояти Худованд ӯрду мезаданд ва бо ҳидояти Худованд кӯч мекарданд; ва дастури Худовандро мувофиқи он чи Худованд ба воситаи Мусо амр фармуда буд, пайравӣ мекарданд.

10

БОБИ ДАҲУМ

Дар бораи карнайҳои нуқра.

1 Ва Худованд ба Мусо сухан ронда, гуфт:

2 «Барои худ ду карнаи нуқра бисоз, онҳоро яклухти мазруб бисоз, то ки ба ту барои даъват кардани ҷамоат ва барои қӯчонидани ӯрдуҳо хизмат кунанд.

3 Ва ҳангоме ки ҳар дуро бинавозанд, тамоми ҷамоат назди ту ба дари хаймаи ҷомеъ ҷамъ хоҳанд шуд.

4 Ва агар якеро бинавозанд, раисон, сардорони сибтҳои Исроил назди ту ҷамъ хоҳанд шуд.

5 Ва ҳангоме ки бо садои дуру дароз бинавозед, ӯрдуҳое ки ба тарафи шарқ мебошанд, кӯч хоҳанд кард.

6 Ва ҳангоме ки дафъаи дуюм бо садои дуру дароз бинавозед, ӯрдуҳое ки ба тарафи ҷануб мебошанд, кӯч хоҳанд кард; бигзор барои кӯч карданашон бо садои дуру дароз бинавозанд.

7 Ва дар вақти ҷамъ кардани ҷамоат бинавозед, валекин на бо садои дуру дароз.

8 Ва банӣ‐Ҳорун бояд карнайҳоро бинавозанд; ин барои шумо фаризаи абадӣ дар наслҳотон хоҳад буд.

9 Ва ҳангоме ки дар замини худ бар зидди душмани ба танг оварандаи шумо ба ҷанг меравед, карнайҳоро бо садои дуру дароз бинавозед; ва дар ҳузури Худованд Худои худ ба ёд оварда хоҳед шуд, ва аз душманони худ наҷот хоҳед ёфт.

10 Ва дар рӯзи хурсандии худ, ва дар идҳо ва навмоҳҳои худ карнайҳоро бар қурбониҳои сӯхтанӣ ва забҳҳои саломатии худ бинавозед, ва ин барои шумо ба ҳузури Худои шумо ёдгорӣ хоҳад буд. Ман Худованд Худои шумо ҳастам».

Сафар аз Сино то Кодеш‐Барнеа; таваққуф дар Форон.

11 Ва чунин воқеъ шуд, ки дар соли дуюм, дар моҳи дуюм, дар рӯзи бистуми моҳ, абр аз болои маскани шаҳодат баланд шуд.

12 Ва банӣ‐Исроил барои сафари худ аз биёбони Сино кӯч карданд; ва абр дар биёбони Форон таваққуф намуд.

13 Ва онҳо дафъаи аввал мувофиқи амри Худованд, ки ба воситаи Мусо фармуда шуда буд, кӯч карданд.

14 Ва байрақи ӯрдуи банӣ‐Яҳудо аввалин шуда бо фавҷҳои онҳо кӯч кард, ва бар фавҷи вай Наҳшӯн ибни Амминодоб буд.

15 Ва бар фавҷи сибти банӣ‐Иссокор — Натанъил ибни Суор.

16 Ва бар фавҷи сибти банӣ‐Забулун — Элиоб ибни Ҳалӯн.

17 Ва маскан фурӯд оварда шуд, ва банӣ‐Ҷершӯн ва банӣ‐Марорӣ, ки бардорандагони маскан буданд, кӯч карданд.

18 Ва байрақи ӯрдуи Реубен бо фавҷҳои онҳо кӯч кард, ва бар фавҷи вай Элисур ибни Шадиур буд.

19 Ва бар фавҷи сибти банӣ‐Шимъӯн — Шалумиил ибни Суришаддой.

20 Ва бар фавҷи сибти банӣ‐Ҷод — Эльёсоф ибни Дауил.

21 Ва қаҳотиён, ки бардорандагони қудс буданд, кӯч карданд, ва масканро то омадани онҳо барпо карда буданд.

22 Ва байрақи ӯрдуи банӣ‐Эфроим бо фавҷҳои онҳо кӯч кард, ва бар фавҷи вай Элишомоъ ибни Аммиҳуд буд.

23 Ва бар фавҷи сибти банӣ‐Менашше — Ҷамлиил ибни Фадоҳсур.

24 Ва бар фавҷи сибти банӣ‐Биньёмин — Абидон ибни Ҷидъӯнӣ.

25 Ва байрақи ӯрдуи банӣ‐Дон, ки соқаи ҳамаи ӯрдуҳо буд, бо фавҷҳои онҳо кӯч кард, ва бар фавҷи вай Аҳиозар ибни Аммишаддой буд.

26 Ва бар фавҷи сибти банӣ‐Ошер — Фаҷъиил ибни Окрон.

27 Ва бар фавҷи сибти банӣ‐Нафтолӣ — Аҳираъ ибни Энон.

28 Ҳамин буд тартиби сафари банӣ‐Исроил бо фавҷҳои онҳо; ва онҳо кӯч карданд.

29 Ва Мусо ба Ҳубоб ибни Рауили мидьёнӣ, ки додарарӯси Мусо буд, гуфт: «Мо ба маконе кӯч мекунем, ки Худованд дар бораи он гуфтааст: „Онро ба шумо хоҳам дод“. Пас, ту ҳамроҳи мо биё, ва мо ба ту некӣ хоҳем кард, зеро ки Худованд дар бораи Исроил суханони нек гуфтааст».

30 Вале вай ба ӯ гуфт: «Намеоям, балки ба замини худ ва ба зодгоҳи худ хоҳам рафт».

31 Ва ӯ гуфт: «Моро тарк накун, зеро чӣ гуна дар биёбон ӯрду задани моро ту медонӣ, ва ту барои мо мисли чашм хоҳӣ буд;

32 Ва агар ҳамроҳи мо биёӣ, ҳар некие ки Худованд ба мо бикунад, он некиро мо ба ту хоҳем кард».

33 Ва онҳо аз кӯҳи Худованд роҳи серӯзаро тай карданд, ва сандуқи аҳди Худованд пешопеши онҳо равона шуда, роҳи серӯзаро тай намуд, то ки урдугоҳе барои онҳо пайдо кунад.

34 Ва абри Худованд бар онҳо рӯзона соя меафканд, вақте ки аз ӯрдугоҳ кӯч мекарданд.

35 Ва ҳангоме ки кӯч кардани сандуқ лозим мешуд, Мусо мегуфт:

«Эй Худованд, бархез,

то ки душманонат пароканда шаванд,

ва бадхоҳонат аз пешат бигрезанд!»

36 Ва ҳангоми таваққуф кардани он мегуфт:

«Эй Худованд, ба ҳазорон‐ҳазор

исроилиён осоиш бидеҳ!»

11

БОБИ ЁЗДАҲУМ

Оташи Худованд назди Табъира.

1 Ва қавм шикоят карда, дар гӯши Худованд суханони бад гуфтанд; ва Худованд инро шунида, хашмаш аланга зад, ва оташи Худованд дар миёни онҳо даргирифта, канори ӯрдугоҳро сӯзонид.

2 Ва қавм сӯи Мусо фарьёд заданд; ва Мусо сӯи Худованд дуо гуфт, ва оташ хомӯш шуд.

3 Ва он маконро Табъира+ 11:3 Сӯхтор. ном монданд, зеро ки дар миёни онҳо оташи Худованд даргирифт.

4 Ва издиҳоми бегонаҳое ки дар миёни онҳо буданд, булҳавасӣ зоҳир намуданд, ва банӣ‐Исроил низ боз гириста, гуфтанд: «Кист, ки моро гӯшт бихӯронад!

5 Моҳиро, ки дар Миср муфт мехӯрдем, ва бодиринг, ва харбуза, ва тара, ва сирро ёд мекунем.

6 Ва алҳол ҷисми мо хушк шудааст, чизе барои хӯрдан нест, фақат ин манн пеши чашмони мост».

7 Ва манн мисли тухми кашниҷ буд, ва намудаш мисли намуди булӯр.

8 Қавм гардиш карда, онро мечиданд, ва бо дастос ос мекарданд, ё дар ҳован мекӯфтанд, ва дар дег мепухтанд, ва кулчаҳо аз он месохтанд; ва таъми он мисли таъми илики равғанин буд.

9 Ва ҳангоме ки бар ӯрдугоҳ шабона шабнам меборид, манн бар он меборид.

Андӯҳи Мусо.

10 Ва Мусо қавмро шунид, ки бо аҳли оилаи худ, ҳар яке назди дари хаймаи худ гирья мекунанд; ва хашми Худованд бағоят аланга зада буд, ва ин дар назари Мусо андӯҳовар буд.

11 Ва Мусо ба Худованд гуфт: «Чаро ба бандаи Худ бадӣ кардӣ? Ва чаро дар назарат илтифот наёфтам, ки бори тамоми ин қавмро бар ман гузоштӣ?

12 Оё ман тамоми ин қавмро ҳомила шудаам, ва оё ман онҳоро зоидаам, ки ту ба ман мегӯӣ: „Мисли дояе ки бачаи ширмакро мебардорад, ту онҳоро дар огӯши худ гирифта, ба замине бибар“, ки Ту онро ба падаронашон қасам хӯрда ваъда кардаӣ?

13 Ман гӯшт аз куҷо пайдо кунам, то ки ба тамоми ин қавм бидиҳам? Зеро ки онҳо пеши ман гирья карда, мегӯянд: „Ба мо гӯшт бидеҳ, ки бихӯрем“.

14 Ман танҳо наметавонам бори тамоми ин қавмро бардорам, зеро ки ин барои ман бениҳоят гарон аст.

15 Ва модоме ки Ту бо ман чунин рафтор менамоӣ, беҳтар аст, ки маро бикушӣ, — агар дар назарат илтифот ёфта бошам, — то ки ман бадбахтии худро набинам».

Ҳафтод нафар пирон.

16 Ва Худованд ба Мусо гуфт: «Ҳафтод нафар аз пирони Исроил, ки ту онҳоро мешиносӣ, ки пирони қавм ва нозиронашон мебошанд, барои Ман ҷамъ кун, ва онҳоро назди хаймаи ҷомеъ биёр, то ки дар он ҷо бо ту биистанд.

17 Ва Ман фурӯд омада, дар он ҷо бо ту сухан хоҳам ронд, ва аз Рӯҳе ки бар туст, гирифта бар онҳо хоҳам гузошт, то ки онҳо бо ту бори ин қавмро бардоранд, ва ту танҳо нахоҳӣ бардошт.

18 Ва ба қавм бигӯ: „Барои фардо омода шавед, ва гӯшт хоҳед хӯрд, зеро ки дар гӯши Худованд гириста гуфтаед: кист, ки моро гӯшт бихӯронад? Чунки дар Миср барои мо хуб буд, — пас, Худованд ба шумо гӯшт хоҳад дод, то ки бихӯред.

19 На як рӯз хоҳед хӯрд, ва на ду рӯз, ва на панҷ рӯз, ва на даҳ рӯз, ва на бист рӯз,

20 Балки тамоми моҳ, то ки он аз бинии шумо барояд ва барои шумо нафратангез шавад, чунки аз Худованд, ки дар миёни шумост, нафрат намудед, ва пеши Ӯ гирья карда гуфтед: чаро аз Миср берун омадем?“»

21 Ва Мусо гуфт: «Қавме ки ман дар миёни онҳоям, шашсад ҳазор нафар пиёдаанд, ва Ту мегӯӣ: „Ман ба онҳо гӯшт хоҳам дод, то ки моҳи тамом бихӯранд“.

22 Агар ҳамаи гӯсфандон ва говон барои онҳо кушта шавад, оё ин барояшон кифоят мекунад? Агар ҳамаи моҳиёни баҳр барои онҳо ҷамъ карда шавад, оё ин барояшон кифоят мекунад?»

23 Ва Худованд ба Мусо гуфт: «Оё дасти Худованд кӯтоҳ аст? Алҳол хоҳӣ дид, ки оё суханам бар ту ба амал меояд ё не».

24 Ва Мусо берун омада, суханони Худовандро ба қавм гуфт, ва аз пирони қавм ҳафтод нафар ҷамъ карда, онҳоро дар гирду пеши хайма гузошт.

25 Ва Худованд дар абр фурӯд омада, ба ӯ сухан ронд, ва аз Рӯҳе ки бар ӯ буд, гирифта, бар ҳафтод нафар пирон кӯчонид; ва ҳангоме ки Рӯҳ бар онҳо қарор гирифт, нубувват карданд, вале давом надоданд.

Пешгӯиҳои Элдод ва Медод.

26 Ва ду нафар аз пирон дар ӯрдугоҳ монданд, ки номи яке Элдод буд, ва номи дигаре Медод; ва бар онҳо низ Рӯҳ қарор гирифт, зеро ки онҳо аз ҷумлаи навишташудагон буданд, ва агарчи назди хайма набаромаданд, дар ӯрдугоҳ нубувват карданд.

27 Ва амраде давида омад, ва ба Мусо хабар дода, гуфт: «Элдод ва Медод дар ӯрдугоҳ нубувват мекунанд».

28 Ва Еҳушаъ ибни Нун, ки аз айёми ҷавонияш хизматгузори Мусо буд, ҷавоб гардонида, гуфт: «Оғоям Мусо! Онҳоро ҳабс намо».

29 Вале Мусо ба вай гуфт: «Оё ту барои ман рашк мебарӣ? Кошки тамоми қавми Худованд анбиё мебуданд, ва Худованд Рӯҳи худро бар онҳо равона мекард!»

30 Ва Мусо бо пирони Исроил ба ӯрдугоҳ баргашт.

Бедонаҳо ва вабо.

31 Ва боде бо амри Худованд бархоста, бедонаҳоро аз ҷониби баҳр овард, ва онҳоро дар атрофи ӯрдугоҳ, тақрибан якрӯза роҳ ба ин тараф ва якрӯза роҳ ба он тараф, пароканда кард, дар сурате ки парвозашон тақрибан ду зироъ аз рӯи замин болотар буд.

32 Ва қавм бархоста, тамоми он рӯз ва тамоми шабаш ва тамоми рӯзи дигар бедонаҳоро ҷамъ карданд; ва касе ки кам чида буд, даҳ ғарам ҷамъ кард, ва онҳоро дар атрофи ӯрдугоҳ барои худ паҳн карданд.

33 Гӯшт ҳанӯз дар миёни дандонҳошон буд, пеш аз он ки хоида фурӯ баранд, хашми Худованд бар қавм аланга зад, ва Худованд қавмро бо вабои бағоят азиме зарба зад.

34 Ва он маконро Қибрӯт‐Ҳатааво+ 11:34 Қабрҳои булҳавасон. ном монданд, зеро ки дар он ҷо қавми булҳавасро дафн карданд.

35 Аз Қибрӯт‐Ҳатааво қавм ба Ҳасирӯт кӯч карданд, ва дар Ҳасирӯт ӯрду заданд.

12

БОБИ ДУВОЗДАҲУМ

Мазаммати Марьям ва Ҳорун.

1 Ва Марьям ва Ҳорун Мусоро дар бораи зани ҳабашие ки гирифта буд, мазаммат карданд, зеро ки ӯ зани ҳабашӣ гирифта буд;

2 Ва гуфтанд: «Оё Худованд фақат бо Мусо сухан рондааст? Ӯ, охир, бо мо низ сухан рондааст». Ва Худованд инро шунид.

3 Ва Мусо марди бағоят фурӯтан буд, бештар аз ҳар одаме ки бар рӯи замин аст.

4 Ва Худованд ногаҳон ба Мусо ва Ҳорун ва Марьям гуфт: «Ҳар сеятон сӯи хаймаи ҷомеъ берун оед». Ва ҳар сеяшон берун омаданд.

5 Ва Худованд дар сутуни абр фурӯд омада, назди дари хайма истод, ва Ҳорун ва Марьямро хонд. Ва ҳар дуяшон берун омаданд.

6 Ва Ӯ гуфт:

«Суханони Маро бишнавед:

агар дар миёни шумо набии Худованд бошад,

Ман дар рӯъё ба вай зоҳир мешавам,

дар хоб бо вай сухан меронам.

7 Аммо бандаи Ман Мусо чунин нест;

ӯ дар тамоми хонаи Ман амин аст.

8 Ман бо ӯ рӯ ба рӯ ва ошкоро,

ва на бо рамз, сухан меронам,

ва ӯ симои Худовандро мебинад;

пас, чаро шумо натарсида,

бандаи Ман Мусоро мазаммат кардед?»

9 Ва хашми Худованд бар онҳо аланга зад, ва Ӯ рафт.

10 Ва абр аз болои хайма дур шуд, ва инак, Марьям аз махав мисли барф сафед шуда буд; ва Ҳорун ба Марьям назар андохт, ва инак, вай махавӣ гардидааст.

11 Ва Ҳорун ба Мусо гуфт: «Лутфан, эй оғоям, бори ин гуноҳро, ки аҳмақона рафтор карда, гуноҳкор шудаем, ба гардани мо намон;

12 Бигзор вай мисли мурдае нагардад, ки чун аз раҳими модараш берун ояд, нисфи баданаш пӯсида бошад».

13 Ва Мусо сӯи Худованд фарьёд кашида, гуфт: «Лутфан, эй Худо, ба вай шифо бибахш!»

14 Ва Худованд ба Мусо гуфт: «Агар падараш ба рӯи вай туф мекард, оё вай ҳафт рӯз наҷис намешуд? Пас, бигзор вай ҳафт рӯз берун аз ӯрдугоҳ ҷудо гузошта шавад, ва баъд аз он баргардад».

15 Ва Марьям ҳафт рӯз берун аз ӯрдугоҳ ҷудо гузошта шуд; ва қавм то вақти баргаштани Марьям кӯч накарданд.

16 Ва баъд аз он, қавм аз Ҳасирӯт кӯч карда, дар биёбони Форон ӯрду заданд.

13

БОБИ СЕЗДАҲУМ

Назди Қодеш‐Барнеа; фиристодани ҷосусон.

1 Ва Худованд ба Мусо сухан ронда, гуфт:

2 «Одамонро аз ҷониби худ бифирист, то ки замини Канъонро, ки Ман ба банӣ‐Исроил медиҳам, ҷосусӣ кунанд; якнафарӣ аз ҳар сибти падарони онҳо, ки ҳар яке дар миёни онҳо сарвар бошад, бифиристед».

3 Ва Мусо, мувофиқи амри Худованд, онҳоро аз биёбони Форон фиристод, ки ҳамаи он мардон сардорони банӣ‐Исроил буданд.

4 Ва ин аст номҳои онҳо: аз сибти Реубен — Шамуа ибни Заккур;

5 Аз сибти Шимъӯн — Шофот ибни Ҳӯрӣ;

6 Аз сибти Яхудо — Колеб ибни Ефунне;

7 Аз сибти Иссокор — Йиҷъол ибни Юсуф;

8 Аз сибти Эфроим — Ҳушаъ ибни Нун;

9 Аз сибти Биньёмин — Фалтӣ ибни Рафу;

10 Аз сибти Забулун — Ҷаддиил ибни Сӯдӣ;

11 Аз сибти Юсуф: аз сибти Менашше — Ҷаддӣ ибни Сусӣ;

12 Аз сибти Дон — Аммиил ибни Ҷамалӣ;

13 Аз сибти Ошер — Сатур ибни Микоил;

14 Аз сибти Нафтолӣ — Наҳбӣ ибни Вофсӣ;

15 Аз сибти Ҷод — Ҷауил ибни Мокӣ.

16 Ин аст номҳои одамоне ки Мусо фиристод, то ки заминро ҷосусӣ кунанд; ва Мусо Ҳушаъ ибни Нунро Еҳушаъ ном монд.

17 Ва Мусо онҳоро фиристод, то ки замини Канъонро ҷосусӣ кунанд, ва ба онҳо гуфт: «Аз ин ҷо ба Наҷаб+ 13:17 Қисми ҷанубии замини Канъон. равона шуда, бар кӯҳистон бароед;

18 Ва заминро бубинед, ки он чӣ гуна аст, ва қавме ки дар он сокинанд, оё пурзӯранд ё камқувват? Оё камшуморанд ё сершумор?

19 Ва замине ки онҳо дар он сокинанд, чӣ гуна аст: оё хуб аст ё бад? Ва шаҳрҳое ки дар онҳо сокинанд, чӣ гуна аст: оё дар хаймаҳои ӯрдугоҳҳо сокинанд ё дар қалъаҳо?

20 Ва замин чӣ гуна аст: оё ҳосилхез аст ё бесамар? Дарахте дорад ё не? Пас, далер бошед, ва аз меваи замин бигиред». Ва он айём мавсими ангурпазӣ буд.

21 Ва онҳо баромада, заминро аз биёбони Син то Раҳуб, ки назди Ҳамот буд, ҷосусӣ карданд.

22 Ва ба Наҷаб баромада, то Ҳебрӯн расиданд, ки Аҳимон, Шешай ва Талмай, фарзандони Аноқ, он чо буданд; ва Ҳебрӯн ҳафт сол пеш аз Сӯани Миср бино ёфта буд.

23 Ва ба водии Эшкӯл омаданд, ва аз он ҷо шохаи токро бо як хӯша ангур бурида, бо чӯбдасте дукаса бардоштанд; аз меваи анор ва анҷир низ гирифтанд.

24 Он макон, ба сабаби хӯшаи ангуре ки банӣ‐Исроил аз он ҷо бурида буданд, водии Эшкӯл+ 13:24 Хӯшаи ангур. номида шуд.

Хабари ҷосусоне ки баргаштанд.

25 Ва онҳо, пас аз он ки заминро чил рӯз ҷосусӣ карданд, баргаштанд.

26 Ва раҳсипор шуда, назди Мусо ва Ҳорун ва тамоми ҷамоати банӣ‐Исроил ба биёбони Форон, ба Қодеш расиданд, ва ба онҳо ва тамоми ҷамоат хабар оварданд, ва меваи заминро ба онҳо нишон доданд.

27 Ва ба ӯ ҳикоят карда, гуфтанд: «Ба замине ки моро фиристодӣ, рафтем, ва дар он ҳақиқатан шир ва асал ҷорист, ва ин аст меваи он.

28 Аммо қавме ки сокини он заминанд, пурзӯранд, ва шаҳрҳояш ҳисордори азим аст, ва фарзандони Аноқро низ дар он ҷо дидем.

29 Амолеқиён дар замини Наҷаб сукунат доранд, ва ҳиттиён ва ябусиён ва амӯриён дар кӯҳистон сокинанд, ва канъониён назди баҳр ва дар соҳили Урдун сукунат доранд».

30 Ва Колеб қавмро пеши Мусо таскин дода, гуфт: «Ба яқин мо баромада, онро ба тасарруфи худ хоҳем даровард, зеро ки метавонем бар он ғолиб оем».

31 Вале одамоне ки бо вай рафта буданд, гуфтанд: «Ба он қавм наметавонем муқобил бароем, зеро ки онҳо аз мо пурзӯртаранд».

32 Ва дар бораи замине ки онро ҷосусӣ карда буданд, дар миёни банӣ‐Исроил овозаи бад паҳн намуда, гуфтанд: «Замине ки онро бо мақсади ҷосусӣ карданаш тай намудем, заминест, ки сокинони худро мехӯрад, ва тамоми қавме ки андаруни он дидем, одамони бузургҷуссанд.

33 Ва дар он ҷо баҳодурони банӣ‐Аноқро дидем, ки аз насли баҳодуронанд; ва мо ба назари худамон мисли малах намудем, ва дар назари онҳо низ чунин будем».

14

БОБИ ЧОРДАҲУМ

Беимонии Исроил.

1 Ва тамоми ҷамоат бо овози баланд фиғон бардоштанд, ва қавм он шаб гирья карданд.

2 Ва тамоми банӣ‐Исроил аз Мусо ва Ҳорун шиква карданд, ва тамоми ҷамоат ба онҳо гуфтанд: «Кошки дар замини Миср мемурдем, ё дар ҳамин биёбон ҷон медодем!

3 Ва чаро Худованд моро ба ин замин мебарад, то ки мо ба дами шамшер биафтем, ва занону кӯдакони мо ба асирӣ бурда шаванд? Оё барои мо беҳтар нест, ки ба Миср баргардем?»

4 Ва ба яқдигар гуфтанд: «Сардоре бар худ таъин мекунем ва ба Миср бармегардем».

5 Ва Мусо ва Ҳорун пеши тамоми ҷамъомади ҷамоати банӣ‐Исроил бар рӯи худ афтоданд.

6 Ва Еҳушаъ ибни Нун ва Колеб ибни Ефунне, аз миёни онҳое ки заминро ҷосусӣ карда буданд, либосҳои худро даррониданд,

7 Ва ба тамоми ҷамоати банӣ‐Исроил сухан ронда, гуфтанд: «Замине ки мо тай намудем, то ки онро ҷосусӣ кунем, замини ниҳоятдараҷа хуб аст.

8 Агар Худованд ба мо таваҷҷӯҳ кунад, моро ба ин замин оварда, онро ба мо хоҳад дод, — ба замине ки шир ва асал дар он ҷорист.

9 Фақат ин ки ба зидди Худованд балво накунед, ва аз қавми он замин натарсед, зеро ки онҳо тӯъмаи мо хоҳанд шуд: пуштибонашон аз онҳо дур шудааст, ва Худованд бо мост, аз онҳо натарсед».

10 Ва тамоми ҷамоат гуфтанд: «Онҳоро сангсор бояд кард!» Вале ҷалоли Худованд дар хаймаи ҷомеъ бар тамоми банӣ‐Исроил зоҳир шуд.

11 Ва Худованд ба Мусо гуфт: «То ба кай ин қавм Маро хор медоранд? Ва то ба кай, бо вуҷуди тамоми аломоте ки дар миёни онҳо ба амал овардаам, ба ман имон намеоваранд?

12 Онҳоро гирифтори вабое намуда, маҳв хоҳам кард, ва аз камари ту халқе ба вуҷуд хоҳам овард, ки аз онҳо бузургтар ва азимтар бошанд».

13 Ва Мусо ба Худованд гуфт: «Он гоҳ мисриён, ки ту ин қавмро аз миёни онҳо бо қуввати Худ берун овардаӣ, инро хоҳанд шунид,

14 Ва ба сокинони ин замин инро хабар хоҳанд дод, дар сурате ки ин сокинон шунидаанд, ки Ту, эй Худованд, дар миёни ин қавм ҳастӣ, ва Ту, эй Худованд, бар онҳо рӯ ба рӯ зоҳир мешавӣ, ва абри Ту бар онҳо меистад, ва Ту пешопеши онҳо рӯзона дар сутуни абр ва шабона дар сутуни оташ меравӣ, —

15 Пас, агар Ту ин қавмро якбора бикушӣ, халқҳое ки овозаи Туро шунидаанд, хоҳанд гуфт:

16 „Азбаски Худованд ин қавмро ба замине ки ба онҳо бо қасам ваъда карда буд, натавонист биёрад, бинобар ин онҳоро дар биёбон кушт“.

17 Ва алҳол бигзор қуввати Худованд бузург шавад, чунон ки Ту сухан ронда, гуфта будӣ:

18 „Худованд собир ва пур аз эҳсон аст, гуноҳ ва маъсиятро меомурзад, вале осиёнро беҷазо намегузорад, барои гуноҳи падарон писаронро то насли сеюм ва чорум ҷазо медиҳад“.

19 Пас, гуноҳи ин қавмро бар тибқи кибриёи эҳсони Худ биомурз, чунон ки ин қавмро аз Миср то ҳамин вақт омурзидаӣ».

20 Ва Худованд гуфт: «Бар тибқи сухани ту омурзидам.

21 Валекин ба Зоти Худам қасам, ки чунон ки Ман Ҳайи Лоямут ҳастам, ва чунон ки тамоми дуньё аз ҷалоли Худованд пур аст,

22 Ончунон ҳамаи ин одамон, ки ҷалоли Маро, ва аломотеро, ки Ман дар Миср ва дар биёбон ба амал овардаам, дидаанд, ва Маро даҳ карат имтиҳон намуда, ба овози Ман гӯш надодаанд, —

23 Ба яқин онҳо заминеро, ки Ман ба падаронашон бо қасам ваъда кардаам, нахоҳанд дид; ва ҳамаи онҳое ки Маро хор доштаанд, онро нахоҳанд дид.

24 Вале бандаи Ман Колеб, азбаски рӯҳи дигаре дошта, Маро комилан пайравӣ намуд, — ӯро Ман ба замине ки рафта буд, дохил хоҳам кард, ва насли ӯ онро мерос хоҳад гирифт.

25 Ва азбаски амолеқиён ва канъониён дар водӣ сокинанд, фардо тоб хӯрда, бо роҳи баҳри Қулзум сӯи биёбон кӯч кунед».

26 Ва Худованд ба Мусо ва Ҳорун сухан ронда, гуфт:

27 «То ба кай ба ин ҷамоати шарир, ки аз Ман шиква мекунанд, тоқат оварам? Шикоятҳои банӣ‐Исроилро, ки аз Ман шиква мекунанд, шунидаам.

28 Ба онҳо бигӯ: „Ба ҳаёти Худам қасам, ки чунон ки шумо дар гӯши Ман сухан рондед, ончунон ба шумо амал хоҳам кард.

29 Дар ин биёбон ҷасадҳои шумо хоҳад афтод, яъне ҳамаи дар шумор овардашудагони шумо, бар ҳасби тамоми адади шумо, аз бистсола ва болотар, ки аз Ман шикоят кардаед.

30 Шумо ба ин замине ки дар бораи он Ман дасти Худро баланд карда қасам хӯрдаам, ки шуморо дар он сокин созам, дохил нахоҳед шуд, ба ҷуз Колеб ибни Ефунне ва Еҳушаъ ибни Нун.

31 Валекин кӯдакони шумо, ки дар бораи онҳо гуфтед, ки ба асирӣ бурда хоҳанд шуд, — Ман онҳоро дохил хоҳам кард, ва онҳо заминеро, ки шумо аз он нафрат намудед, хоҳанд донист.

32 Ва ҷасадҳои шумо дар биёбон хоҳад афтод.

33 Ва писарони шумо чил сол дар биёбон овора шуда гашта, ҷазои зинокории шуморо хоҳанд кашид, то даме ки ҷасадҳои шумо дар биёбон несту нобуд шавад.

34 Бар ҳасби шумораи рӯзҳое ки шумо заминро ҷосусӣ кардаед, яъне чил рӯз, як сол дар ивази як рӯз, ҷазои гуноҳҳои худро чил сол хоҳед кашид, то бидонед, ки аз таваҷҷӯҳи Ман маҳрум шуданатон чӣ маънӣ дорад“.

35 Ман, ки Худованд ҳастам, гуфтаам, ки ба тамоми ин ҷамоати шарир, ки ба муқобили Ман балво бардоштаанд, чунин амал хоҳам кард: дар ин биёбон корашон тамом шуда, дар ин ҷо хоҳанд мурд».

36 Ва он касоне ки Мусо барои ҷосусии замин фиристода буд, ва онҳо чун баргаштанд, овозаи бад дар бораи замин паҳн карда, тамоми ин ҷамоатро ба муқобили ӯ ба шӯр оварданд, —

37 Он касоне ки овозаи бад дар бораи замин паҳн карданд, ба ҳузури Худованд аз вабо мурданд.

38 Вале Еҳушаъ ибни Нун ва Колеб ибни Ефунне аз миёни он касоне ки барои ҷосусии замин рафта буданд, зинда монданд.

39 Ва Мусо ин суханонро ба тамоми банӣ‐Исроил гуфт, ва қавм бисьёр андӯҳгин шуданд.

40 Ва бомдодон бармаҳал бархостанд, ва ба сари кӯҳ баромада, гуфтанд: «Инак, мо тайёрем ба маконе ки Худованд ваъда додааст, биравем, зеро ки гуноҳ кардаем».

41 Ва Мусо гуфт: «Чаро шумо фармони Худовандро поймол мекунед? Ин коратон муваффақият нахоҳад ёфт.

42 Наравед, зеро ки Худованд дар миёни шумо нест, мабодо пеши душманони худ мағлуб шавед.

43 Зеро ки амолеқиён ва канъониён он ҷо пеши шумо мебошанд, ва шумо ба дами шамшер хоҳед афтод; ва азбаски шумо аз пайравии Худованд дур шудаед, Худованд низ бо шумо нахоҳад буд».

44 Вале онҳо бо ҳавобаландӣ ба сари кӯҳ баромадан гирифтанд; аммо сандуқи аҳди Худованд ва Мусо аз ӯрдугоҳ берун нарафтанд.

45 Ва амолеқиён ва канъониён, ки дар он кӯҳистон сокин буданд, фурӯд омада, ба онҳо шикаст расониданд ва онҳоро то Ҳормо таъқиб карданд.

15

БОБИ ПОНЗДАҲУМ

Солҳои оворагардӣ; ҷазо барои поймол кардани шанбе.

1 Ва Худованд ба Мусо сухан ронда, гуфт:

2 «Ба банӣ‐Исроил сухан ронда, ба онҳо бигӯ: вақте ки ба замини сукунати худ, ки Ман онро ба шумо медиҳам, дохил шавед,

3 Ва қурбонии оташин барои Худованд бихоҳед тақдим намоед, чи қурбонии сӯхтанӣ, чи забҳе барои иҷрои назр, ё барои хайрот, ё дар идҳои худ, то ки атри гуворо барои Худованд аз говон ё аз гӯсфандон ба амал оваред, —

4 Он гоҳ касе ки қурбонии худро барои Худованд тақдим менамояд, бояд барои ҳадияи ордӣ як ушри эфа орди маҳине биёрад, ки бо чорьяк ҳин равған омехта шуда бошад.

5 Ва барои ҳадияи рехтанӣ чорьяк ҳин шароб бо қурбонии сӯхтанӣ ё бо забҳ барои ҳар барра биёр.

6 Агар қӯчқоре қурбонӣ намоӣ, барои ҳадияи ордӣ ду ушри эфа орди маҳине биёр, ки бо сеяк ҳин равған омехта шуда бошад.

7 Ва барои ҳадияи рехтанӣ сеяк ҳин шароб биёр, то ки атри гуворо барои Худованд бишавад.

8 Ва агар наргови ҷавоне барои қурбонии сӯхтанӣ ё барои забҳи иҷрои назр ё забҳи саломатӣ ба Худованд тақдим намоӣ, —

9 Бигзор бо он наргови ҷавон ҳадияи ордӣ иборат аз се ушр орди маҳини омехта бо ним ҳин равған оварда шавад;

10 Ва барои ҳадияи рехтанӣ ним ҳин шароб биёр, то ки атри гуворо барои Худованд бишавад.

11 Барои ҳар наргов, ё барои ҳар қӯчқор, ё барои ҳар барраи гӯсфандон ё бузон бояд ҳамин тавр амал карда шавад.

12 Мувофиқи миқдоре ки тақдим менамоед, барои ҳар яке, бар тибқи шумораи онҳо, амал кунед.

13 Ҳар тубҷоӣ, вақте ки атри гуворо барои Худованд тақдим менамояд, бояд инро ҳамин тавр ба амал оварад.

14 Ва агар дар миёни шумо ғарибе сокин бошад, ё ҳар касе ки дар наслҳои шумо дар миёни шумо бошад, ва бихоҳад атри гуворо барои Худованд тақдим намояд, вай бояд ончунон амал намояд, чунон ки шумо амал мекунед.

15 Барои шумо, эй аҳли ҷамоат, ва барои ғарибе ки назди шумо сукунат дорад, фариза як аст, ки фаризаи абадист дар наслҳои шумо: ғариб ба ҳузури Худованд комилан мисли шумост.

16 Барои шумо ва барои ғарибе ки дар миёни шумо сокин аст, як қонун ва як ҳуқуқ хоҳад буд».

17 Ва Худованд ба Мусо сухан ронда, гуфт:

18 «Ба банӣ‐Исроил сухан ронда, ба онҳо бигӯ: вақте ки шумо ба замине ки Ман шуморо ба он ҷо мебарам, дохил шавед,

19 Ва аз нони он замин бихӯред, он гоҳ ҳадия барои Худованд тақдим кунед.

20 Аз навбари хамири худ ҳалло+ 15:20 Ҳалло — як порча хамир ба андозаи кулчае. барои ҳадия тақдим кунед; чӣ гунае ки аз хирман ҳадия тақдим мекунанд, онро он гуна тақдим кунед.

21 Аз навбари хамири худ ҳадия барои Худованд дар наслҳои худ тақдим кунед.

22 Ва агар саҳв намуда, тамоми ин аҳкомро, ки Худованд ба Мусо гуфтааст, ба ҷо наоварда бошед,

23 Яъне ҳар он чиро, ки Худованд ба шумо ба воситаи Мусо амр фармудааст, аз рӯзе ки Худованд барои шумо ва минбаъд барои наслҳои шумо амр фармудааст, —

24 Пас, агар ин, ба сабаби бехабарии ҷамоат, саҳван ба амал омада бошад, он гоҳ бигзор тамоми ҷамоат як наргови ҷавонро барои қурбонии сӯхтанӣ, ҳамчун атри гуворо барои Худованд, бо ҳадияи ордӣ ва ҳадияи рехтании он, мувофиқи қоидаи он, тақдим кунанд, ва як нарбузро барои қурбонии гуноҳ.

25 Ва коҳин тамоми ҷамоати банӣ‐Исроилро кафорат менамояд, ва онҳо омурзида хоҳанд шуд, зеро ки ин саҳв буд, ва онҳо қурбонии худро барои қурбонии оташини Худованд, ва қурбонии гуноҳи худро барои саҳви худ ба ҳузури Худованд тақдим кардаанд.

26 Ва тамоми ҷамоати банӣ‐Исроил ва ғарибоне ки дар миёни онҳо сукунат доранд, омурзида хоҳанд шуд, зеро ки ин саҳви тамоми қавм буд.

27 Вале агар як кас саҳван гуноҳ карда бошад, бигзор вай модабузи яксолае барои қурбонии гуноҳ тақдим намояд.

28 Ва коҳин он каси саҳвкардаро, ки саҳван ба ҳузури Худованд гуноҳ кардааст, кафорат менамояд, то ки вай кафорат ёбад, ва он гоҳ вай омурзида хоҳад шуд.

29 Барои касе ки саҳван амал мекунад, хоҳ вай тубҷоие аз банӣ‐Исроил бошад, хоҳ ғарибе ки дар миёни онҳо сукунат дорад, як қоида хоҳад буд.

30 Валекин касе ки дидаю дониста гуноҳе мекунад, хоҳ тубҷоӣ бошад хоҳ ғариб, вай Худовандро куфр кардааст, пас он кас аз миёни қавми худ маҳв хоҳад шуд,

31 Зеро ки вай аз каломи Худованд нафрат карда, ҳукми Ӯро поймол намудааст, — он кас албатта маҳв хоҳад шуд: гуноҳи вай бар гардани вай аст».

32 Ва ҳангоме ки банӣ‐Исроил дар биёбон буданд, касеро диданд, ки дар рӯзи шанбе ҳезум ҷамъ мекард.

33 Ва касоне ки ӯро дида буданд, ки ҳезум ҷамъ мекард, ӯро назди Мусо ва Ҳорун ва тамоми ҷамоат оварданд.

34 Ва ӯро дар ҳабс гузоштанд, зеро ҳанӯз муайян нашуда буд, ки бо ӯ чӣ бояд кард.

35 Ва Худованд ба Мусо гуфт: «Ин кас бояд ҳатман кушта шавад; бигзор тамоми ҷамоат ӯро берун аз ӯрдугоҳ сангсор кунанд».

36 Ва тамоми ҷамоат ӯро аз ӯрдугоҳ берун оварданд, ва ӯро сангсор карданд, ва ӯ мурд, чунон ки Худованд ба Мусо амр фармуда буд.

37 Ва Худованд ба Мусо сухан ронда, гуфт:

38 «Ба банӣ‐Исроил сухан ронда, ба онҳо бигӯ, ки барои худ бар гӯшаҳои либоси худ дар наслҳои худ сисит+ 15:38 Сисит — шилшилае ки аз чандин ришта бофта мешавад. бисозанд, ва дар сисити ҳар гӯша риштаи лоҷуварде дохил кунанд,

39 Ва он дар сисити шумо хоҳад буд, то ки бар он нигариста, тамоми аҳкоми Худовандро ба ёд оваред, ва онҳоро иҷро кунед, ва аз паи дили худ ва чашмони худ, ки шуморо ба зино моил мекунанд, наравед,

40 То ки тамоми аҳкоми Маро дар хотир нигоҳ дошта, ба ҷо оваред, ва барои Худои худ муқаддас бошед.

41 Ман Худованд Худои шумо ҳастам, ки шуморо аз замини Миср берун овардаам, то ки Худои шумо бошам. Ман Худованд Худои шумо ҳастам».

16

БОБИ ШОНЗДАҲУМ

Балвои Қӯраҳ.

1 Ва Қӯраҳ ибни Йисҳор ибни Қаҳот ибни Левӣ, ва Дотон ва Абиром банӣ‐Элиоб, ва Ӯн ибни Фолат, банӣ‐Реубен бархостанд,

2 Ва назди Мусо ҳозир шуданд, ва бо онҳо дусаду панҷоҳ нафар аз банӣ‐Исроил: сардорони ҷамоат, даъватшавандагони маҷлисҳо, шахсони номдор буданд.

3 Ва ба муқобили Мусо ва Ҳорун ҷамъ омада, ба онҳо гуфтанд: «Бас кунед! Зеро ки тамоми ҷамоат саросар муқаддасанд, ва Худованд дар миёни онҳост. Пас, чаро шумо худро аз ҷамоати Худованд баланд мегузоред?»

4 Ва Мусо инро шунида, бар рӯи худ афтод,

5 Ва ба Қӯраҳ ва ҳамаи шариконаш сухан ронда, гуфт: «Бомдодон Худованд нишон хоҳад дод, ки кадом кас аз они Ӯст, ва кадом кас муқаддас аст, ва он касро Ӯ ба Худаш наздик хоҳад кард; ва ҳар киро Ӯ интихоб намояд, варо ба Худаш наздик хоҳад кард.

6 Шумо, эй Қӯраҳ ва ҳамаи шариконат, чунин бикунед: маҷмарҳо барои худ бигиред,

7 Ва оташ дар онҳо бимонед, ва фардо ба ҳузури Худованд бар онҳо бухур бирезед; ва он кас, ки Худованд варо интихоб намояд, муқаддас хоҳад буд. Бас кунед, эй банӣ‐Левӣ!»

8 Ва Мусо ба Қӯраҳ гуфт: «Бишнавед, эй банӣ‐Левӣ!

9 Оё барои шумо кам аст, ки Худои Исроил шуморо аз ҷамоати Исроил ҷудо кардааст, ва шуморо ба Худаш наздик овардааст, то ки хизмати маскани Худовандро ба ҷо оваред, ва ба ҳузури ҷамоат истода, ба онҳо хизмат кунед,

10 Ва туро ва ҳамаи бародаронат, банӣ‐Левиро бо ту наздик овардааст, ва шумо каҳонатро низ мехоҳед ба даст оваред?

11 Бинобар ин ту ва ҳамаи шариконат ба муқобили Худованд ҷамъ шудаед. Ва Ҳорун чӣ гуноҳ дорад, ки аз вай шиква мекунед?»

12 Ва Мусо фиристод, то ки Дотон ва Абиром, писарони Элиобро бихонанд; вале онҳо гуфтанд: «Намеравем!

13 Оё кам аст, ки ту моро аз замине ки шир ва асал дар он ҷорист, берун овардӣ, то ки моро дар биёбон ба ҳалокат бирасонӣ, боз мехоҳӣ, ки бар мо ҳукмронӣ намоӣ?

14 Ту моро ба замине ки шир ва асал дар он ҷорӣ бошад, наовардӣ, ва моликияте иборат аз киштзор ва токзор ба мо надодӣ. Оё чашмони ин одамонро мехоҳӣ биканӣ? Намеравем!»

15 Ва Мусо бисьёр андӯҳгин шуда, ба Худованд гуфт: «Ба ҳадияи онҳо таваҷҷӯҳ нанамо! Ман аз ҳеҷ кадомашон як хар ҳам нагирифтаам, ва ба ҳеҷ кадомашон бадӣ накардаам».

16 Ва Мусо ба Қӯраҳ гуфт: «Ту ва ҳамаи шариконат фардо пеши Худованд ҳозир шавед, ту ва онҳо ва Ҳорун.

17 Ва ҳар яке маҷмари худро гирифта, бухур бар онҳо бимонед, ва ҳар яке маҷмари худро ба ҳузури Худованд наздик оваред: дусаду панҷоҳ маҷмар, ва ту ва Ҳорун — ҳар яке маҷмари худро».

18 Ва ҳар яке маҷмари худро гирифта, оташ бар онҳо гузоштанд, ва бухур бар онҳо рехтанд, ва назди дари хаймаи ҷомеъ истоданд. Мусо ва Ҳорун низ бо онҳо буданд.

19 Ва Қӯраҳ тамоми ҷамоатро ба муқобили онҳо назди дари хаймаи ҷомеъ ҷамъ кард. Ва ҷалоли Худованд ба тамоми ҷамоат зоҳир шуд.

20 Ва Худованд ба Мусо ва Ҳорун сухан ронда, ба онҳо гуфт:

21 «Худро аз миёни ин ҷамоат дур кунед, то ки Ман онҳоро дар як лаҳза нест кунам».

22 Ва онҳо бар рӯи худ афтода, гуфтанд: «Эй Худо, ки Худои орифи рӯҳҳои тамоми башар ҳастӣ! Як кас гуноҳ кардааст, ва ту бар тамоми ҷамоат дарғазаб мешавӣ?»

23 Ва Худованд ба Мусо сухан ронда, гуфт:

24 «Ба ҷамоат сухан ронда, бигӯ: аз гирду пеши маскани Қӯраҳ, Дотон ва Абиром дур шавед!»

25 Ва Мусо бархоста, назди Дотон ва Абиром рафт, ва пирони Исроил аз ақиби ӯ рафтанд.

26 Ва ӯ ба ҷамоат сухан ронда, гуфт: «Аз пеши хаймаҳои ин одамони шарир дур шавед, ва ба ягон чизе ки аз они онҳост, даст нарасонед, мабодо ба сабаби бисьёрии гуноҳҳои онҳо ба ҳалокат бирасед».

27 Ва онҳо аз гирду пеши маскани Қӯраҳ, Дотон ва Абиром дур шуданд; вале Дотон ва Абиром берун омада, бо занон ва писарон ва кӯдакони худ назди дари хаймаҳошон истоданд.

28 Ва Мусо гуфт: «Аз ин хоҳед донист, ки Худованд маро фиристодааст, то ки ҳамаи ин корҳоро бикунам, на ин ки ба дилхоҳи худ карда бошам.

29 Агар ин касон мисли мурдани ҳар одам бимиранд, ва қисмати ҳар одам насибашон бишавад, — пас маро Худованд нафиристодааст.

30 Ва лекин агар Худованд ҳодисаи тозае ба вуҷуд оварад, ва замин даҳони худро кушода, онҳоро бо ҳар ҷизе ки аз они онҳост, фурӯ барад, ва онҳо зинда ба зинда ба таҳтуттуроб фурӯд оянд, — он гоҳ бидонед, ки ин одамон аз Худованд нафрат кардаанд».

31 Ва ҳамин ки ӯ гуфтани ҳамаи ин суханонро ба анҷом расонид, замине ки зери онҳо буд, кафид,

32 Ва замин даҳони худро кушода, онҳоро, ва хонаҳои онҳоро, ва ҳамаи одамонеро, ки ба Қӯраҳ нисбат доштанд, ва тамоми молу мулки онҳоро фурӯ бурд.

33 Ва онҳо бо ҳар ҷизе ки ба онҳо тааллуқ дошт, зинда ба зинда ба таҳтуттуроб фурӯд омаданд; ва замин бар онҳо пӯшида шуд, ва онҳо аз миёни ҷамоат маҳв гардиданд.

34 Ва ҳамаи исроилиёне ки дар гирду пеши онҳо буданд, аз фиғони онҳо гурехтанд, зеро ки гуфтанд: «Мабодо замин моро низ фурӯ барад».

35 Ва оташе аз ҷониби Худованд берун омада, он дусаду панҷоҳ нафарро, ки бухур оварда буданд, сӯзонид.

36 Ва Худованд ба Мусо сухан ронда, гуфт:

37 «Ба Элъозор ибни Ҳоруни коҳин бигӯ, ки он маҷмарҳоро аз миёни сӯхтагон бардорад, ва оташро ба як тараф партояд, зеро ки онҳо тақдис ёфтааст, —

38 Яъне маҷмарҳои онҳоеро, ки ба зарари ҷони худ гуноҳкор шудаанд, — ва бигзор аз онҳо тахтаҳои паҳн барои пӯшонидани рӯи қурбонгоҳ бисозанд, зеро ки онҳоро ба ҳузури Худованд оварда буданд, ва онҳо тақдис ёфтааст; ва онҳо аломате барои банӣ‐Исроил хоҳад буд».

39 Ва Элъозори коҳин маҷмарҳои мисро, ки сӯхтагон оварда буданд, гирифт, ва аз онҳо тахтаҳои паҳн барои пӯшонидани қурбонгоҳ сохтанд, —

40 Ҳамчун ёдгорӣ барои банӣ‐Исроил, — то ки ҳеҷ каси бегонае ки аз насли Ҳорун набошад, барои сӯзонидани бухур ба ҳузури Худованд наздик наояд, ва қисматаш мисли Қӯраҳ ва шарикони вай нашавад, чунон ки Худованд ба ӯ ба воситаи Мусо гуфтааст.

41 Ва фардояш тамоми ҷамоати банӣ‐Исроил аз Мусо ва Ҳорун шиква карда, гуфтанд: «Шумо қавми Худовандро куштед!»

42 Ва ҳангоме ки ҷамоат ба муқобили Мусо ва Ҳорун ҷамъ шуданд, онҳо сӯи хаймаи ҷомеъ нигаристанд, ва инак, онро абр пӯшонид, ва ҷалоли Худованд зоҳир шуд.

43 Ва Мусо ва Ҳорун назди хаймаи ҷомеъ омаданд.

44 Ва Худованд ба Мусо сухан ронда, гуфт:

45 «Аз миёни ин ҷамоат дур шавед, то ки онҳоро дар як лаҳза нест кунам». Ва онҳо бар рӯи худ афтоданд.

46 Ва Мусо ба Ҳорун гуфт: «Маҷмарро гирифта, оташе аз болои қурбонгоҳ бар он бимон, ва бухур бирез, ва зуд назди ҷамоат рафта, онҳоро кафорат намо, зеро ки ғазаб аз ҷониби Худованд баромада, вабо оғоз ёфтааст».

47 Ва Ҳорун аз рӯи гуфтаи Мусо онро гирифта, ба миёни ҷамоат давид, ва инак, вабо андаруни қавм оғоз ёфта буд; ва ӯ бухур рехта, қавмро кафорат намуд.

48 Ва дар байни мурдагон ва зиндагон истод, ва вабо хотима ёфт.

49 Ва касоне ки аз вабо мурданд, чордаҳ ҳазору ҳафтсад нафар буданд, ба ҷуз онҳое ки аз боиси Қӯраҳ нобуд шуданд.

50 Ва Ҳорун назди Мусо, ба дари хаймаи ҷомеъ баргашт, ва вабо хотима ёфт.

17

БОБИ ҲАФДАҲУМ

Асои Ҳорун гул кард.

1 Ва Худованд ба Мусо сухан ронда, гуфт:

2 «Ба банӣ‐Исроил сухан бирон, ва аз онҳо асоҳо бигир, як асо аз ҳар хонадон, аз ҳамаи раисони онҳо бар ҳасби хонадонҳошон дувоздаҳ асо; ва номи ҳар касро бар асои вай бинавис.

3 Ва номи Ҳорунро бар асои Левӣ бинавис, зеро ки як асо барои раиси хонадони онҳо хоҳад буд.

4 Ва онҳоро дар хаймаи ҷомеъ пеши сандуқи шаҳодат, ки он ҷо Ман ба шумо зоҳир мешавам, бимон.

5 Ва чунин воқеъ хоҳад шуд, ки ҳар киро Ман интихоб намоям, асои вай гул хоҳад кард; бо ин Ман шикваҳои банӣ‐Исроилро, ки аз шумо мекунанд, аз ҷониби Худ сокит хоҳам намуд».

6 Ва Мусо ба банӣ‐Исроил сухан ронд, ва ҳамаи раисони онҳо ба ӯ асоҳо доданд, як асо барои ҳар раис, дувоздаҳ асо бар ҳасби хонадонҳошон; ва асои Ҳорун дар миёни асоҳои онҳо буд.

7 Ва Мусо асоҳоро ба ҳузури Худованд дар хаймаи шаҳодат гузошт.

8 Ва фардояш чунин воқеъ шуд, ки Мусо ба хаймаи шаҳодат даромад, ва инак, асои Ҳорун, аз хонадони Левӣ, гул карда ва ғунча баста, бодом оварда буд.

9 Ва Мусо ҳамаи асоҳоро аз пеши Худованд назди банӣ‐Исроил берун овард; ва онҳо инро диданд ва ҳар яке асои худро гирифтанд.

10 Ва Худованд ба Мусо гуфт: «Асои Ҳорунро пеши сандуқи шаҳодат аз нав бимон, то ки ҳамчун аломат барои абнои исьён нигоҳ дошта шавад, ва шиквае ки онҳо аз Ман мекунанд, хотима ёбад, ва онҳо намиранд».

11 Ва Мусо чунин кард; чунон ки Худованд ба ӯ амр фармуда буд, ончунон кард.

12 Ва банӣ‐Исроил ба Мусо сухан ронда, гуфтанд: «Инак, мо мемирем, ба ҳалокат мерасем, ҳамаамон ба ҳалокат мерасем!

13 Ҳар кӣ ба маскани Худованд наздик ояд, мемирад; оё ҳамаамон ба мурдан маҳкум шудаем?»

18

БОБИ ҲАЖДАҲУМ

Имтиёзот ва воҷиботи Ҳорун ва левизодагон.

1 Ва Худованд ба Ҳорун гуфт: «Ту, ва писаронат ва хонадони падарат бо ту, барои ҳар гуноҳи оид ба қудс масъул хоҳед буд; ва ту, ва писаронат бо ту, барои ҳар гуноҳи оид ба каҳонати шумо масъул хоҳед буд.

2 Ва бародарони худро низ, яъне сибти Левиро, ки сибти падари туст, ба худ наздик бикун, то ки бо ту ҳамроҳӣ намоянд ва хизматгузорони ту бошанд; валекин ту, ва писаронат бо ту, пеши хаймаи шаҳодат хоҳед буд.

3 Бигзор онҳо хизмати ту ва хизмати тамоми хаймаро ба ҷо оваранд, аммо ба колои муқаддас ва ба қурбонгоҳ наздик нашаванд, то ки на шумо бимиред, на онҳо.

4 Ва бигзор онҳо бо ту ҳамроҳӣ намуда, хизматгузории хаймаи ҷомеъ ва ҳар кори хаймаро ба ҷо оваранд; ва каси бегонае набояд ба шумо наздик ояд.

5 Ва шумо хизмати қудс ва хизмати қурбонгоҳро ҳамин тавр ба ҷо оваред, то ки ғазаб бар банӣ‐Исроил дигар рӯй надиҳад.

6 Валекин Ман, инак бародарони шумо левизодагонро аз миёни банӣ‐Исроил гирифтаам, ки онҳо ба шумо барои Худованд инъом карда шудаанд, то ки корҳои хаймаи ҷомеъро иҷро кунанд.

7 Вале ту, ва писаронат бо ту, каҳонати худро аз ҷиҳати ҳар кори қурбонгоҳ ва он чи андарун, дар пушти парда аст, риоя намуда, хизмат кунед; кори каҳонатро Ман ба шумо инъом меқунам, ва ҳар бегонае ки наздик ояд, кушта хоҳад шуд».

8 Ва Худованд ба Ҳорун гуфт: «Инак, Ман бақияи ҳадияҳои Худро аз ҳамаи қурбониҳои муқаддаси банӣ‐Исроил ба ту бахшидам, онҳоро ба ту ва писаронат ба фаризаи доимӣ насиб кардам.

9 Аз вақфҳои муқаддасе ки аз оташ боқӣ мемонад, инҳо аз они ту хоҳад буд: ҳар қурбонии онҳо, яъне ҳар ҳадияи ордии онҳо ва ҳар қурбонии гуноҳи онҳо ва ҳар қурбонии ҷурми онҳо, ки ба Ман тақдим мекунанд; инҳо барои ту ва писаронат чизи муқаддастарин аст.

10 Онро дар макони муқаддас бихӯред; ҳар мардина метавонад аз он бихӯрад. Он барои ту муқаддас аст.

11 Ва ин ҳам барои ту ҳиссаи бахшиши онҳо аз ҳамаи инъомҳои ҷунбонидании банӣ‐Исроил хоҳад буд: онро Ман ба ту, ва ба писаронат ва духтаронат бо ту, ба фаризаи доимӣ бахшидам; ҳар касе ки дар хонаи ту пок бошад, метавонад аз он бихӯрад.

12 Тамоми гузини равғанро, ва тамоми гузини шароб ва ғалларо, яъне навбарҳои онҳоро, ки ба Худованд тақдим менамоянд, ба ту бахшидам.

13 Ҳамаи меваҳои аввалини замини онҳо, ки ба Худованд меоваранд, бигзор аз они ту бошад; ҳар касе ки дар хонаи ту пок бошад, метавонад аз онҳо бихӯрад.

14 Ҳар он чи дар Исроил вақф карда мешавад, бигзор аз они ту бошад.

15 Ҳар раҳимкушои ҳар башар, ки аз одамон ва аз чорпоён ба Худованд тақдим менамоянд, бигзор аз они ту бошад; аммо барои нахустзодаи одамон албатта фидия бигир, ва барои нахустзодаи чорпоёни наҷис фидия бигир.

16 Ва онҳое ки барояшон фидия дода мешавад, бояд якмоҳа бошанд, ва барояшон мувофиқи қиматдиҳии худат панҷ сиқл нуқра бо сиқли муқаддас, ки аз бист ҷеро иборат аст, фидия бигир.

17 Аммо барои нахустзодаи говон ё нахустзодаи гӯсфандон ё нахустзодаи бузон фидия нагир: онҳо муқаддас аст; хуни онҳоро бар қурбонгоҳ бипош, ва чарбуи онҳоро ҳамчун қурбонии оташин бисӯзон, то ки атри гуворо барои Худованд бошад.

18 Ва гӯшти онҳо аз они ту хоҳад буд; мисли синаи ҷунбониданӣ ва мисли соқи рост аз они ту хоҳад буд.

19 Ҳамаи ҳадияҳоро аз қурбониҳое ки банӣ‐Исроил ба Худованд тақдим менамоянд, ба ту, ва ба писарону духтаронат бо ту, ба фаризаи доимӣ медиҳам; ин ба ҳузури Худованд барои ту, ва барои насли ту бо ту, аҳди намак то абад хоҳад буд».

20 Ва Худованд ба Ҳорун гуфт: «Ту дар замини онҳо мулке нахоҳӣ дошт, ва ҳиссае барои ту дар миёни онҳо нахоҳад буд; Ман ҳиссаи ту ва мулки ту дар миёни банӣ‐Исроил ҳастам.

21 Вале ба банӣ‐Левӣ, инак, Ман тамоми ушри банӣ‐Исроилро барои моликият додам, дар ивази хизмате ки онҳо ба ҷо меоваранд, яъне хизмати хаймаи ҷомеъ.

22 Ва банӣ‐Исроил дигар ба хаймаи ҷомеъ наздик нахоҳанд шуд, то ки гуноҳкор нашаванд ва намиранд.

23 Ва левизодагон бигзор хизмати хаймаи ҷомеъро ба ҷо оваранд, вале онҳо барои гуноҳашон ҷазо хоҳанд ёфт; ин барои наслҳои шумо фаризаи доимӣ хоҳад буд, ва дар миёни банӣ‐Исроил онҳо мулке нахоҳанд дошт,

24 Зеро ки ушри банӣ‐Исроилро, ки барои Худованд ҳадия мекунанд, Ман ба левизодагон ҳамчун мулк медиҳам; бинобар ин Ман ба онҳо гуфтам, ки дар миёни банӣ‐Исроил мулке нахоҳанд дошт».

25 Ва Худованд ба Мусо сухан ронда, гуфт:

26 «Ба левизодагон сухан ронда, ба онҳо бигӯ: вақте ки ушреро, ки аз банӣ‐Исроил ба шумо ҳамчун моликият додаам, аз онҳо мегиред, шумо ҳадияи Худовандро аз он, яъне ушре аз ушр тақдим намоед.

27 Ва ҳадияи шумо барои шумо мисли гандуми хирман ва мисли маҳсули фаровони чархушт ба шумор хоҳад рафт.

28 Ҳамин тавр шумо низ аз ҳамаи ушрҳое ки аз банӣ‐Исроил мегиред, ҳадияи Худовандро тақдим хоҳед кард, ва ҳадияи Худовандро аз он ба Ҳоруни коҳин хоҳед дод.

29 Аз ҳамаи инъомҳое ки мегиред, ҳар ҳадияи Худовандро аз тамоми чарбуи онҳо, аз қисми тақдисьёфтаи онҳо тақдим намоед.

30 Ва ба онҳо бигӯ: вақте ки шумо чарбуи онҳоро аз онҳо тақдим менамоед, ин барои левизодагон мисли гандуми хирман ва мисли маҳсули чархушт ба шумор хоҳад рафт.

31 Ва онро шумо ва аҳли байти шумо метавонед дар ҳар ҷо бихӯред, зеро ки ин музди шумост дар ивази хизмате ки дар хаймаи ҷомеъ ба ҷо меоваред.

32 Ва агар чарбуи онҳоро аз онҳо ҷудо карда тақдим намуда бошед, шумо ба сабаби онҳо гуноҳкор нахоҳед буд; ва он чиро, ки банӣ‐Исроил тақдис менамоянд, палид нагардонед, то ки намиред».

19

БОБИ НУЗДАҲУМ

Фармон дар бораи модагови сурх.

1 Ва Худованд ба Мусо ва Ҳорун сухан ронда, гуфт:

2 «Ин аст фаризаи шариат, ки Худованд амр фармуда, мегӯяд: ба банӣ‐Исроил бигӯ, ки модагови сурхи комиле ки айбе надошта бошад, ва юғ бар гарданаш гузошта нашуда бошад, назди ту биёранд.

3 Ва онро ба Элъозори коҳин бидиҳед, ва ӯ онро аз ӯрдугоҳ берун меоварад, ва онро ба ҳузури ӯ мекушанд.

4 Ва бигзор Элъозори коҳин бо ангушти худ аз хуни он гирифта, ба тарафи пеши хаймаи ҷомеъ ҳафт карат он хунро бипошад.

5 Ва модаговро пеши назари ӯ месӯзонанд: бигзор пӯсти он ва гӯшти он ва хуни он бо якҷоягии саргини он сӯзонида шавад.

6 Ва бигзор коҳин чӯби арз ва зуфо ва риштаи қирмиз гирифта, бар оташи модагов партояд;

7 Ва коҳин либосашро бишӯяд ва баданашро дар об ғусл диҳад, ва баъд аз он ба ӯрдугоҳ биёяд, ва коҳин то шом наҷис хоҳад буд.

8 Ва касе ки онро сӯзонидааст, бигзор либосашро бо об бишӯяд, ва баданашро дар об ғусл диҳад, ва то шом наҷис хоҳад буд.

9 Ва бигзор шахси поке хокистари модаговро ҷамъ карда, берун аз ӯрдугоҳ дар макони поке бимонад, ва он аз баҳри ҷамоати банӣ‐Исроил барои оби поккунанда нигоҳ дошта хоҳад шуд: ин пок кардан аст аз гуноҳ.

10 Ва касе ки хокистари модаговро ҷамъ кардааст, бигзор либосашро бишӯяд, ва то шом наҷис хоҳад буд. Ва бигзор ин барои банӣ‐Исроил ва барои ғарибе ки дар миёни онхо сукунат дорад, фаризаи доимӣ бошад.

11 Касе ки ба ҷасади мурдаи ҳар одаме мерасад, ҳафт рӯз наҷис хоҳад буд.

12 Вай бояд худро дар рӯзи сеюм ва дар рӯзи ҳафтум бо он пок гардонад, ва он гоҳ пок хоҳад буд; вале агар худро дар рӯзи сеюм ва дар рӯзи ҳафтум пок нагардонад, пок нахоҳад буд.

13 Ҳар касе ки ба мурдае, ба ҷасади одаме ки мурдааст, расида, худро пок нагардонида бошад, маскани Худовандро палид месозад, ва он кас аз миёни Исроил маҳв хоҳад шуд; зеро ки оби поккунанда бар вай пошида нашудааст, аз ин рӯ вай нопок аст, яъне нопокии вай ҳанӯз бар вай боқист.

14 Ин аст шариат: агар касе дар хайма бимирад, ҳар кӣ ба он хайма дарояд, ва ҳар чи дар он хайма бошад, ҳафт рӯз наҷис хоҳад буд.

15 Ва ҳар зарфи кушода, ки сарпӯшаш бар он маҳкам карда нашуда бошад, наҷис хоҳад буд.

16 Ва ҳар кӣ дар саҳро ба ҷасади каси бо шамшер кушташуда, ё бо аҷали худ мурда, ё ба устухони одамизод, ба қабри вай мерасад, ҳафт рӯз наҷис хоҳад буд.

17 Ва бигзор барои шахси наҷис аз хокистари он қурбонии аз баҳри гуноҳ сӯзонидашуда бигиранд, ва оби равон бар он дар зарфе бирезанд;

18 Ва шахси поке зуфо гирифта, дар он об биғӯтонад, ва бар хайма ва бар тамоми коло ва бар касоне ки дар он буданд, ва бар шахсе ки ба устухон, ё ба мақтул, ё ба ҷасади мурда, ё ба қабр расидааст, бипошад;

19 Ва шахси пок бар шахси наҷис дар рӯзи сеюм ва дар рӯзи ҳафтум бипошад, ва дар рӯзи ҳафтум ӯро пок гардонад, ва он гоҳ ӯ либосашро мешӯяд, ва дар об ғусл мекунад, ва шомгоҳ пок хоҳад буд.

20 Вале агар касе наҷис шуда, худро пок нагардонад, он кас аз миёни ҷамоат маҳв хоҳад шуд, зеро ки вай қудси Худовандро палид кардааст: оби поккунанда бар вай пошида нашудааст, вай наҷис аст.

21 Ва бигзор ин барои онҳо фаризаи доимӣ бошад; ва касе ки оби поккунанда пошидааст, бигзор либосашро бишӯяд; ва касе ки ба оби поккунанда расидааст, то шом наҷис хоҳад буд.

22 Ва ҳар чизе ки шахси наҷис ба он расида бошад, наҷис хоҳад буд, ва касе ки ба он бирасад, то шом наҷис хоҳад буд».

20

БОБИ БИСТУМ

Вафоти Марьям.

1 Ва тамоми ҷамоати банӣ‐Исроил дар моҳи якум ба биёбони Син расиданд, ва қавм дар Қодеш ӯрду заданд; ва Марьям дар он ҷо вафот ёфт, ва дар он ҷо дафн карда шуд.

Дар биёбон об набуд.

2 Ва барои ҷамоат об набуд, ва онҳо ба муқобили Мусо ва Ҳорун ҷамъ шуданд.

3 Ва қавм бо Мусо низоъ карда, гуфтанд: «Кошки мо ҳам мемурдем, вақте ки бародарони мо ба ҳузури Худованд мурданд!

4 Ва чаро ҷамоати Худовандро ба ин биёбон овардед, то ки мо ва чорпоёни мо дар ин ҷо бимирем?

5 Ва чаро моро аз Миср берун овардед, то ки моро ба ин ҷои нобоб биёред, ки ҷои зироат ва анҷир ва ангур ва анор нест, ва об ҳам барои нӯшидан нест?»

6 Ва Мусо ва Ҳорун аз пеши ҷамоат назди даромадгоҳи хаймаи ҷомеъ омада, бар рӯи худ афтоданд; ва ҷалоли Худованд ба онҳо зоҳир шуд.

Мусо аз сахра об мебарорад. Гуноҳи ӯ.

7 Ва Худованд ба Мусо сухан ронда, гуфт:

8 «Асоро бигир, ва ту ва бародарат Ҳорун ҷамоатро ҷамъ карда, пеши назари онҳо ба сахра бигӯед, ки оби худро бидиҳад: ва ту барои онҳо аз сахра об бароварда, ҷамоат ва чорпоёни онҳоро хоҳӣ нӯшонид».

9 Ва Мусо асоро аз пеши Худованд гирифт, чунон ки ба ӯ амр фармуда буд.

10 Ва Мусо ва Ҳорун ҷамоатро назди сахра ҷамъ карданд, ва ӯ ба онҳо гуфт: «Бишнавед, эй саркашон! Оё аз ин сахра об барои шумо берун оварем?»

11 Ва Мусо дасти худро бардошта, сахраро бо асои худ ду карат зад, ва оби бисьёре берун омад; ва ҷамоат ва чорпоёни онҳо нӯшиданд.

12 Ва Худованд ба Мусо ва Ҳорун гуфт: «Азбаски шумо ба Ман имон наовардед, то ки қудсияти Маро пеши назари банӣ‐Исроил нишон диҳед, бинобар ин, ин ҷамоатро ба замине ки ба онҳо ваъда кардаам, нахоҳед овард».

13 Ин аст оби Мерибо+ 20:13 Низоъ., ҷое ки банӣ‐Исроил бо Худованд низоъ карданд, ва Ӯ қудсияти Худро дар миёни онҳо зоҳир сохт.

Гуноҳи ислоҳноназири Адӯм.

14 Ва Мусо қосидонро аз Қодеш назди подшоҳи Адӯм фиристод, то ки бигӯянд: «Бародари ту Исроил чунин мегӯяд: тамоми машаққатеро, ки бар сари мо омадааст, ту медонӣ.

15 Падарони мо ба Миср фурӯд омаданд, ва мо айёми зиёде дар Миср сокин будем, ва мисриён бо мо ва бо падарони мо рафтори бад карданд.

16 Ва мо сӯи Худованд фиғон кашидем, ва Ӯ овози моро шунид, ва элчие фиристода, моро аз Миср берун овард, ва инак, мо дар Қодеш мебошем, ки шаҳрест дар канори ҳудуди ту.

17 Лутфан, мо аз замини ту убур кунем, аз киштзор ва токзор нахоҳем гузашт, ва об аз чоҳҳо нахоҳем нӯшид; аз шоҳроҳ хоҳем рафт, ба тарафи рост ё чап тоб нахоҳем хӯрд, то даме ки аз ҳудуди ту убур кунем».

18 Вале Адӯм ба ӯ гуфт: «Аз замини ман убур нахоҳӣ кард, вагар на ба пешвози ту бо шамшер берун хоҳам омад».

19 Ва банӣ‐Исроил ба вай гуфтанд: «Мо аз роҳҳои ом равона хоҳем шуд, ва агар ман ва рамаи ман аз оби ту бинӯшем, қимати онро хоҳем дод; ҳеҷ зиёне ба ту нахоҳад расид, фақат бо пойҳоям убур хоҳам кард».

20 Вале вай гуфт: «Убур нахоҳӣ кард!» Ва Адӯм бо қавми зиёде ва бо дасти қавӣ ба пешвози ӯ берун омад.

21 Ва Адӯм розӣ нашуд, ки аз ҳудуди худ барои убур кардани Исроил роҳ диҳад; ва исроилиён аз пеши ӯ ба тарафи дигар рӯ оварданд.

22 Ва онҳо аз Қодеш кӯч карданд, ва банӣ‐Исроил, тамоми ҷамоаташон, ба кӯҳи Ҳӯр расиданд.

Фавти Ҳорун.

23 Ва Худованд ба Мусо ва Ҳорун дар кӯҳи Ҳӯр, назди сарҳади замини Адӯм, сухан ронда, гуфт:

24 «Ҳорун ба қавми худ хоҳад пайваст, зеро ки ӯ ба замине ки Ман ба банӣ‐Исроил ваъда кардаам, дохил нахоҳад шуд, ба сабаби он ки шумо назди оби Мерибо аз амри Ман саркашӣ кардед.

25 Пас, Ҳорунро бо писараш Элъозор бигир, ва онҳоро ба кӯҳи Ҳӯр барор.

26 Ва либоси Ҳорунро бикаш, ва онро ба писараш Элъозор бипӯшон; ва Ҳорун дар он ҷо вафот карда, ба қавми худ хоҳад пайваст».

27 Ва Мусо ончунон ки Худованд амр фармуда буд, амал кард, ва онҳо пеши назари тамоми ҷамоат ба кӯҳи Ҳӯр баромаданд.

28 Ва Мусо либоси Ҳорунро кашид, ва онро ба писараш Элъозор пӯшонид, ва Ҳорун дар он ҷо, бар сари кӯҳ вафот ёфт; ва Мусо ва Элъозор аз кӯҳ фурӯд омаданд.

29 Ва чун тамоми ҷамоат диданд, ки Ҳорун мурдааст, тамоми хонадони Исроил сӣ рӯз мотам гирифтанд.

21

БОБИ БИСТУ ЯКУМ

Мори мисин. Ғалаба бар Сиҳӯн.

1 Ва Канъонӣ, подшоҳи Арод, ки дар ҷануб сокин буд, шунид, ки Исроил бо роҳи Аторим меояд, ва ӯ бо исроилиён ҷанг кард, ва баъзеро аз онҳо ба асирӣ бурд.

2 Ва Исроил барои Худованд назр карда, гуфт: «Агар ин қавмро ба дасти ман бисупорӣ, шаҳрҳои онҳоро тамоман торумор хоҳам кард».

3 Ва Худованд овози Исроилро иҷобат намуда, канъониёнро ба дасти вай супурд, ва вай онҳо ва шаҳрҳои онҳоро тамоман торумор кард, ва он макон Ҳормо+ 21:3 Торумор. номида шуд.

4 Ва аз кӯҳи Қӯр бо роҳи баҳри Қулзум кӯч карданд, то ки замини Адӯмро давр зананд; ва дар роҳ тоқати қавм тоқ шуд.

5 Ва қавм аз Худо ва аз Мусо шикоят карда, гуфтанд: «Чаро моро аз Миср баровардед, то ки дар биёбон бимирем? Зеро ки на нон ҳаст ва на об, ва дили мо аз ин хӯроки нобоб нафрат дорад».

6 Ва Худованд морҳои заҳрдорро ба зидди қавм фиристод, ва онҳо қавмро заҳр заданд; ва мардуми зиёде аз исроилиён мурданд.

7 Ва қавм назди Мусо омада, гуфтанд: «Мо гуноҳ кардем, ки аз Худованд ва аз ту шикоят намудем; сӯи Худованд дуо гӯй, то ки моронро аз мо дур кунад». Ва Мусо барои қавм дуо гуфт.

8 Ва Худованд ба Мусо гуфт: «Барои худ мори заҳрдоре бисоз, ва онро бар сари ходае бимон; ва ҳар моргазида, агар ба он назар кунад, зинда хоҳад монд».

9 Ва Мусо мори мисине сохта, бар сари ходае монд; ва ҳар гоҳ касеро мор заҳр мезад, ҳамин ки вай ба мори мисин назар мекард, зинда мемонд.

10 Ва банӣ‐Исроил кӯч карда, дар Ӯбӯт ӯрду заданд.

11 Ва аз Ӯбӯт кӯч карда, дар Ийе‐Аборим, дар биёбоне ки рӯ ба рӯи Мӯоб, ба тарафи тулӯи офтоб аст, ӯрду заданд.

12 Ва аз он ҷо кӯч карда, дар водии Зорад ӯрду заданд.

13 Аз он ҷо кӯч карда, ба он тарафи Арнӯн, ки дар биёбон берун аз ҳудуди амӯриён мебошад, ӯрду заданд; зеро ки Арнӯн сарҳади Мӯоб, дар миёни Мӯоб ва амӯриён аст.

14 Бинобар ин дар китоби ҷангҳои Худованд гуфта шудааст:

«Аз Воҳиб, ки дар Суфа аст,

ва аз водиҳои Арнӯн гузаштем,

15 Ва низ аз ҷараёнгоҳи водиҳо,

ки ҷониби мавқеи Ор майл мекунад,

ва ба ҳудуди Мӯоб мепайвандад».

16 Ва аз он ҷо ба Баир+ 21:16 Чоҳ. кӯч карданд. Ин ҳамон чоҳест, ки Худованд дар бораи он ба Мусо гуфт: «Қавмро ҷамъ кун, то ки ба онҳо об диҳам».

17 Он гоҳ исроилиён ин сурудро сароиданд:

«Лабрез шав, эй чоҳ! — бисароед ба он, —

18 Чоҳе ки мирон онро ҳафра задаанд,

наҷибони кавм бо чӯбдаст

ва асоҳои худ онро кандаанд».

Ва аз биёбон ба Маттоно кӯч карданд.

19 Ва аз Маттоно — ба Наҳалиил, ва аз Наҳалиил — ба Бомӯт,

20 Ва аз Бомӯт — ба Гай, ки дар кишвари Мӯоб, бар қуллаи Фисҷа воқеъ аст, бар қуллае ки бар рӯи биёбон қад кашидааст.

21 Ва Исроил ба Сиҳӯн, подшоҳи амӯриён, қосидонро фиристод, то ки бигӯянд:

22 «Хоҳишмандам, ки аз заминат убур кунам; ба киштзор ва токзор дохил нахоҳем шуд, аз оби чоҳ нахоҳем нӯшид; бо шоҳроҳ хоҳем рафт, то даме ки аз ҳудуди ту убур кунем».

23 Вале Сиҳӯн барои убур кардани Исроил аз ҳудуди худ роҳ надод; ва Сиҳӯн тамоми кавми худро ҷамъ кард, ва ба пешвози Исроил ба биёбон баромад, ва ба Ёҳас расида, бо Исроил ҷанг кард.

24 Ва Исроил варо ба дами шамшер зада, заминашро аз Арнӯн то Яббӯқ ва то банӣ‐Аммӯн тасарруф намуд, зеро ки сарҳади банӣ‐Аммӯн мустаҳкам буд.

25 Ва Исроил ҳамаи ин шаҳрҳоро гирифт, ва Исроил дар ҳамаи шаҳрҳои амӯриён, дар Ҳешбӯн ва дар тамоми деҳоташ сокин шуд.

26 Зеро ки Ҳешбӯн шаҳри Сиҳӯн, подшоҳи амӯриён буд, ва ӯ бо подшоҳи пештараи Мӯоб ҷанг карда, тамоми замини варо то Арнӯн аз дасташ гирифта буд.

27 Бинобар ин ровиён мегӯянд:

«Ба Ҳешбӯн биёед,

шаҳри Сиҳӯн бино ёфта, обод мешавад!

28 Зеро ки оташе аз Ҳешбӯн баромад,

ва алангае аз шаҳри Сиҳӯн;

Ор‐Мӯобро сӯзонид,

ва соҳибони баландиҳои Арнӯнро.

29 Вой бар ҳоли ту, эй Мӯоб!

Ба ҳалокат расидед, эй қавми Камуш!

Писарони ҳудро гуреза гардонид

ва духтарони худро ба Сидӯн,

подшоҳи амӯриён, ба асирӣ дод.

30 Ва мо ба онҳо тир андохтем,

ва Ҳешбӯн то Дибӯн нобуд шуд;

ва онҳоро то Нуфаҳ, ки назди Мидбо мебошад,

харобазор гардондем».

31 Ва Исроил дар замини амӯриён маскан гирифт.

32 Ва Мусо фиристод, ки Яъзирро ҷосусӣ намоянд, ва деҳоти онро забт карданд, ва амӯриёнро, ки дар он ҷо буданд, бадар ронданд.

33 Ва тоб хӯрда, ба роҳи Бошон баромаданд, ва Ӯҷ, подшоҳи Бошон, бо тамоми қавми худ ба муқобили онҳо берун омад, то ки назди Адрай ҷанг кунад.

34 Ва Худованд ба Мусо гуфт: «Аз вай натарс, зеро ки варо бо тамоми қавмаш ва заминаш ба дасти ту месупорам, ва бо вай ончунон амал хоҳӣ кард, чунон ки бо Сиҳӯн, подшоҳи амӯриён, ки дар Ҳешбӯн сокин буд, амал кардӣ».

35 Ва ӯро бо писаронаш ва тамоми қавмаш зарба заданд, ба тавре ки касе аз онҳо боқӣ намонд, ва замини ӯро тасарруф карданд.

22

БОБИ БИСТУ ДУЮМ

Билъом.

1 Ва банӣ‐Исроил кӯч карда, дар даштҳои Мӯоб, дар он тарафи Урдун, дар наздикии Ериҳӯ ӯрду заданд.

2 Ва Болоқ ибни Сипӯр ҳар он чиро, ки Исроил ба амӯриён карда буд, дид;

3 Ва Мӯоб аз ин қавм бағоят ҳаросон шуд, зеро ки онҳо сершумор буданд; ва Мӯоб аз банӣ‐Исроил дар изтироб афтод.

4 Ва Мӯоб ба пирони Мидьён гуфт: «Алҳол ин ҷамоат ҳар он чиро, ки дар атрофи мост, хоҳанд лесид, чунон ки барзагов сабзаи саҳроро мелесад». Ва Болоқ ибни Сипӯр дар он замин подшоҳи Мӯоб буд.

5 Ва ӯ қосидонро ба Фатӯр, ки дар соҳили наҳр аст, назди Билъом ибни Баӯр, ба замини писарони қавми вай фиристод, то ки варо хонда, бигӯянд: «Инак, қавме аз Миср берун омадаанд, ва онҳо рӯи заминро пӯшонидаанд, ва рӯ ба рӯи ман маскан гирифтаанд.

6 Ва алҳол, лутфан, омада, ин қавмро лаънат намо, зеро ки онҳо аз ман қавитаранд: шояд, комьёб шавам, ва мо онҳоро зарба занем, ва ман онҳоро аз ин замин бадар ронам; зеро ки медонам: ҳар киро ту баракат диҳӣ, муборак хоҳад буд, ва ҳар киро лаънат намоӣ, малъун хоҳад буд».

7 Ва пирони Мӯоб бо пирони Мидьён рафтанд, ва музди ҷодугарии вай дар дасташон буд, ва назди Билъом омада, суханони Болоқро ба вай гуфтанд.

8 Ва ӯ ба онҳо гуфт: «Имшаб дар ин ҷо бимонед, ва чӣ тавре ки Худованд ба ман бигӯяд, ба шумо ҷавоб хоҳам гардонид». Ва сарварони Мӯоб назди Билъом монданд.

9 Ва Худо назди Билъом омада, гуфт: «Кистанд ин касоне ки назди ту мебошанд?»

10 Ва Билъом ба Худо гуфт: «Болоқ ибни Сипӯр, подшоҳи Мӯоб, назди ман фиристодааст, ки:

11 „Инак, қавми аз Миср баромадае рӯи заминро пӯшонидаанд; акнун омада, онҳоро аз барои ман лаънат намо: шояд, комьёб шавам, ки ба онҳо ҷанг карда, онҳоро бадар ронам“».

12 Ва Худо ба Билъом гуфт: «Бо онҳо нарав, он қавмро лаънат нанамо, зеро ки онҳо қавми мубораканд».

13 Ва Билъом бомдодон бархоста, ба сарварони Болоқ гуфт: «Ба замини худ биравед, зеро Худованд намехоҳад ба ман изн диҳад, ки бо шумо биравам».

14 Ва сарварони Мӯоб бархостанд, ва назди Болоқ омада, гуфтанд: «Билъом розӣ нашуд, ки бо мо биёяд».

15 Ва Болоқ боз сарваронеро фиристод, ки назар ба инҳо бештар ва мӯҳтарамтар буданд.

16 Ва онҳо назди Билъом омада, ба вай гуфтанд: «Болоқ ибни Сипӯр чунин мегӯяд: „Лутфан, аз омадан назди ман рӯй нагардон.

17 Зеро ки туро бағоят иззату икром хоҳам кард, ва ҳар он чи ба ман бигӯӣ, ба ҷо хоҳам овард; лутфан, омада, аз барои ман ин қавмро лаънат намо“».

18 Ва Билъом ҷавоб гардонида, ба бандагони Болоқ гуфт: «Агарчи Болоқ хонаи худро пур аз нуқра ва тилло ба ман бидиҳад, фармони Худованд Худои худро наметавонам поймол намуда, кори хурде ё бузурге бикунам;

19 Ва алҳол, лутфан, шумо низ имшаб дар ин ҷо бимонед, то бидонам, ки Худованд ба ман боз чӣ хоҳад гуфт».

20 Ва Худо шабона назди Билъом омада, ба вай гуфт: «Модоме ки ин одамон барои хондани ту омадаанд, бархоста, бо онҳо бирав; вале фақат он чиро, ки ман ба ту хоҳам гуфт, ба амал овар».

21 Ва бомдодон Билъом бархост, ва модахари худро зин карда, бо сарварони Мӯоб равона шуд.

22 Ва хашми Худо барои рафтани ӯ аланга зад, ва фариштаи Худованд дар роҳ истод, то ки ба ӯ мамониат расонад; ва ӯ бар модахараш савор буд, ва ду навкараш ҳамроҳаш буданд.

23 Ва модахар фариштаи Худовандро дид, ки дар сари роҳ истодааст, ва шамшери бараҳнааш дар дасти ӯст, — ва модахар аз роҳ тоб хӯрда, ба киштзор рафт; ва Билъом модахарро зад, то ки онро ба роҳ баргардонад.

24 Ва фариштаи Худованд дар пайроҳае дар миёни токзор истод, ки деворе ба ин тарафаш ва деворе ба он тарафаш буд.

25 Ва модахар фариштаи Худовандро дида, худро ба девор часпонид, ва пои Билъомро ба девор фушурд; ва ӯ боз онро зад.

26 Ва фариштаи Худованд онсӯтар гузашта, дар макони танге истод, ки барои гаштан ба тарафи рост ё чап роҳе набуд.

27 Ва модахар фариштаи Худовандро дида, зери Билъом хобид; ва хашми Билъом аланга зад, ва ӯ модахарро бо таёқаш задан гирифт.

28 Ва Худованд даҳони модахарро кушод, ва он ба Билъом гуфт: «Ба ту чӣ кардаам, ки маро ин се карат задӣ?»

29 Ва Билъом ба модахар гуфт: «Зеро ки ту маро ба хашм овардӣ; агар шамшер дар дастам мебуд, алҳол туро мекуштам».

30 Ва модахар ба Билъом гуфт: «Ман, охир, модахари ту ҳастам, ки дер вақт боз ва то имрӯз ту бар ман савор мешавӣ; оё ягон вақт ман одат доштам, ки бо ту чунин рафтор кунам!» Ва ӯ гуфт: «Не».

31 Ва Худованд чашмони Билъомро кушод, ва ӯ фариштаи Худовандро дид, ки дар сари роҳ истодааст, ва шамшери бараҳна дар дасташ; ва ӯ хам шуда, пеши вай саҷда кард.

32 Ва фариштаи Худованд ба ӯ гуфт: «Аз барои чӣ модахари худро ин се карат задӣ? Инак, ман баромадаам, то ки ба ту мамониат расонам, зеро ки ин роҳ ба муддаои табъи ман нест;

33 Ва модахар маро дида, ин се карат худро аз ман канор гирифт; агар он худро аз ман канор намегирифт, ман ҳатто туро алҳол мекуштам, вале онро зинда мегузоштам».

34 Ва Билъом ба фариштаи Худованд гуфт: «Ман гуноҳ кардам, зеро надонистам, ки ту ба пеши ман дар сари роҳ истодаӣ; ва алҳол, агар ин дар назарат бад бошад, ман хоҳам баргашт».

35 Ва фариштаи Худованд ба Билъом гуфт: «Бо ин одамон бирав, валекин фақат суханеро, ки ман ба ту хоҳам гуфт, бигӯ». Ва Билъом бо сарварони Болоқ рафт.

36 Ва Болоқ омадани Билъомро шунида, ба пешвози ӯ ба шаҳри Мӯоб, ки дар сарҳади Арнӯн, дар канори худудаш буд, берун омад.

37 Ва Болоқ ба Билъом гуфт: «Ман, охир, барои хондани ту фиристода будам; пас, чаро назди ман наомадӣ? Оё ҳақиқатан гумон мекунӣ, ки ман наметавонам туро иззату икром намоям?»

38 Ва Билъом ба Болоқ гуфт: «Инак, назди ту омадаам; алҳол, оё ман метавонам чизе бигӯям? Он чи Худо дар даҳонам бигузорад, ҳамонро хоҳам гуфт».

39 Ва Билъом бо Болоқ рафт, ва онҳо ба Қирьят‐Ҳусӯт расиданд.

40 Ва Болоқ говон ва гӯсфандон забҳ кард, ва назди Билъом ва сарвароне ки бо ӯ буданд, фиристод.

41 Ва бомдодон Болоқ Билъомро гирифт, ва ӯро ба баландиҳои Баал баровард; ва ӯ аз он ҷо як қисми қавмро мушоҳида намуд.

23

БОБИ БИСТУ СЕЮМ

Билъом. Лаънати ӯ ба баракат мубаддал шуд.

1 Ва Билъом ба Болоқ гуфт: «Дар ин ҷо барои ман ҳафт қурбонгоҳ бино намо, ва ҳафт наргову ҳафт қӯчқор барои ман дар ин ҷо тайёр кун».

2 Ва Болоқ ончунон ки Билъом гуфт, ба амал овард, ва Болоқу Билъом бар ҳар қурбонгоҳ наргове ва қӯчқоре тақдим карданд.

3 Ва Билъом ба Болоқ гуфт: «Назди қурбонии сӯхтании худ биист, ва ман меравам: шояд, Худованд ба пешвози ман биёяд, ва ҳар чи Ӯ ба ман зоҳир намояд, ба ту хоҳам гуфт». Ва ӯ ба баландие баромад.

4 Ва Худо ба Билъом дучор омад, ва вай ба Ӯ гуфт: «Ҳафт қурбонгоҳ ороста кардам ва бар ҳар қурбонгоҳ наргове ва қӯчқоре тақдим намудам».

5 Ва Худованд сухане ба даҳони Билъом гузошта, гуфт: «Назди Болоқ баргард, ва чунин бигӯ».

6 Ва ӯ назди вай баргашт, ва инак, вай бо ҳамаи сарварони Мӯоб назди қурбонии сӯхтании худ истода буд.

7 Ва ӯ масали худро оварда, гуфт:

«Болоқ, подшоҳи Мӯоб, маро аз Арам, аз кӯҳҳои шарқ овард:

„Биё, Яъқубро барои ман лаънат намо,

ва биё, Исроилро нафрин фармо!“

8 Чӣ гуна лаънат намоям, дар сурате ки Худо лаънат нанамудааст?

Ва чӣ гуна нафрин фармоям, дар сурате ки Худованд нафрин нафармудааст?

9 Зеро ки аз сари сахраҳо варо мебинам,

ва аз болои талҳо варо мушоҳида менамоям:

инак, қавмест, ки ба танҳоӣ маскан мегирад,

ва дар миёни халқҳо худро ҳисоб намекунад.

10 Кист, ки ғубори Яъқубро тавонад бишуморад,

ва хоки Исроилро ба ҳисоб оварад?

Бигзор ҷони ман бо фавти одилон бимирад,

ва фарҷоми ман мисли фарҷоми онҳо бошад!»

11 Ва Болоқ ба Билъом гуфт: «Ба ман чӣ кардӣ? Туро овардам, то ки душманонамро лаънат намоӣ, вале ту инак, баракат медиҳӣ!»

12 Ва ӯ ҷавоб гардонида, гуфт: «Ман, охир, он чиро, ки Худованд ба даҳонам мегузорад, бояд айнан бигӯям».

Ҳақ шумурдани Исроил.

13 Ва Болоқ ба ӯ гуфт: «Лутфан, бо ман ба макони дигаре биё, ки аз он ҷо онҳоро хоҳӣ дид, фақат як қисми онҳоро хоҳӣ дид, вале ҳамаи онҳоро нахоҳӣ дид, ва аз он ҷо онҳоро барои ман лаънат намо».

14 Ва ӯро ба майдони Сӯфим, бар қуллаи Фисҷа бурд; ва ҳафт қурбонгоҳ бино кард, ва бар ҳар қурбонгоҳ наргове ва қӯчқоре тақдим намуд.

15 Ва ба Болоқ гуфт: «Дар ин ҷо назди қурбонии сӯхтании худ биист, вале ман дар он ҷо мулоқот хоҳам кард».

16 Ва Худованд бо Билъом мулоқот намуд ва сухане ба даҳони ӯ гузошта, гуфт: «Назди Болоқ баргард ва чунин бигӯ».

17 Ва ӯ назди вай омад, ва инак, вай назди қурбонии сӯхтании худ бо сарварони Мӯоб истода буд, ва Болоқ аз ӯ пурсид: «Худованд чӣ гуфт?»

18 Ва ӯ масали худро оварда, гуфт:

«Бархез, эй Болоқ, ва бишнав,

ба ман гӯш деҳ, эй писари Сипӯр!

19 Худо одамизод нест, ки дурӯғ бигӯяд,

ва писари одам нест, ки аз ваъдаи худ пушаймон шавад:

оё Ӯ сухане мегӯяд — ва ба ҷо намеоварад?

Ва оё Ӯ қавле медиҳад — ва иҷро намекунад?

20 Инак, ман маъмур шудаам, ки баракат бидиҳам.

ва Ӯ баракат додааст, ва ман наметавонам онро ботил намоям.

21 Ӯ хабосате дар Яъқуб надидааст,

ва ноинсофие дар Исроил мушоҳида накардааст.

Худованд Худои онҳо бо онҳост,

ва нидоҳои шодӣ дар шаъни подшоҳашон дар миёни онҳост.

22 Худо онҳоро аз Миср берун овард, —

Ӯ мисли шохҳои бузи ваҳшӣ пурқувват аст.

23 Ба яқин, Яъқубро ба ҷодуе ҳоҷат нест,

ва Исроилро ба афсуне ҳоҷат нест;

ҳар вақт ба Яъқуб ва ба Исроил гуфта хоҳад шуд,

ки Худо чӣ корҳо мекунад.

24 Инак, ин қавм мисли шери мода хоҳанд бархост

ва мисли шери нар баланд хоҳанд ҷаст,

ва то нахҷирро нахӯранд

ва хуни мақтулонро нанӯшанд, нахоҳанд хобид».

25 Ва Болоқ ба Билъом гуфт: «Модоме ки наметавонӣ онҳоро лаънат намоӣ, лаънат нанамо, аммо онҳоро баракат ҳам надеҳ».

26 Ва Билъом ҷавоб гардонида, ба Болоқ гуфт: «Ман, охир, ба ту сухан ронда гуфта будам, ки ҳар он чи Худованд бигӯяд, ҳамонро ба амал хоҳам овард».

27 Ва Болоқ ба Билъом гуфт: «Лутфан, биё, то ки туро ба макони дигаре бибарам; шояд, он ба назари Худо писанд ояд, ва ту аз он ҷо онҳоро барои ман лаънат намоӣ».

28 Ва Болоқ Билъомро ба қуллаи Фаӯр, ки бар рӯи биёбон қад кашидааст, бурд.

29 Ва Билъом ба Болоқ гуфт: «Барои ман дар ин ҷо ҳафт қурбонгоҳ бисоз, ва барои ман дар ин ҷо ҳафт наргов ва ҳафт қӯчқор муҳайё намо».

30 Ва Болоқ ончунон ки Билъом гуфт, амал кард, ва бар ҳар қурбонгоҳ наргове ва қӯчқоре тақдим намуд.

24

БОБИ БИСТУ ЧОРУМ

Билъом боз барои Исроил некӯиро пешгӯӣ мекунад.

1 Ва Билъом дид, ки Исроилро баракат додан ба назари Худованд писанд меояд, бинобар ин, мисли дафъаҳои пештара, барои амали афсун нарафт, балки сӯи биёбон рӯй овард.

2 Ва Билъом чашмонашро боло карда, Исроилро дид, ки бар ҳасби сибтҳояш маскан гирифтааст, ва Рӯҳи Худо бар ӯ фурӯ рехт.

3 Ва ӯ масали худро оварда, гуфт:

«Ин аст нутқи Билъом ибни Баӯр,

нутқи марде ки чашмаш воз шудааст,

4 Нутқи касе ки суханони Худоро мешунавад,

рӯъёҳои Қодирро муоина менамояд,

фурӯ меғалтад, вале чашмонаш кушода мебошад:

5 Чӣ зебост хаймаҳои ту, эй Яъқуб,

ва масканҳои ту, эй Исроил!

6 Онҳо мисли ҷӯйборҳо ба ҳар тараф ҷорӣ мешавад,

мисли боғҳои канори наҳр аст,

мисли дарахтони уд, ки Худованд шинонда бошад,

мисли дарахтони арзи назди обҳост.

7 Сатилҳои оби ӯ лабрез хоҳад шуд,

ва тухмии ӯ дар обҳои фаровон хоҳад буд,

ва подшоҳи ӯ аз Аҷаҷ бартарӣ пайдо хоҳад кард,

ва мамлакати ӯ сарбаланд хоҳад гардид.

8 Худо ӯро аз Миср берун овард, —

Ӯ мисли шохҳои бузи ваҳшӣ пурқувват аст,

халқҳоро, ки душманони ӯянд, нест хоҳад кард,

ва устухонҳои онҳоро хоҳад шикаст,

ва онҳоро бо тирҳои худ хоҳад дӯхт.

9 Монанди шери нар ва монанди шери мода чӯкида,

дар камин хобидааст, кист, ки ӯро бархезонад?

Ҳар кӣ туро баракат диҳад, бигзор муборак бошад,

ва ҳар кӣ туро лаънат намояд, бигзор малъун бошад!»

10 Ва хашми Болоқ бар Билъом аланга гирифт, ва аз яъс ӯ кафҳояшро ба ҳам зад, ва Болоқ ба Билъом гуфт: «Туро хондам, то ки душманонамро лаънат намоӣ, ва инак, ту ин се карат паи ҳам баракат медиҳӣ!

11 Ва алҳол ба макони худ бигрез; мехостам туро бағоят иззату икром намоям, вале инак, Худованд туро аз иззат маҳрум кард».

12 Ва Билъом ба Болоқ гуфт: «Ман, охир, ба қосидони ту низ, ки назди ман фиристода будӣ, сухан ронда, гуфтам:

13 „Агарчи Болоқ хонаи худро пур аз нуқра ва тилло ба ман бидиҳад, фармони Худовандро наметавонам поймол намуда, ба дилхоҳи худ некӣ ё бадӣ бикунам; он чи Худованд бигӯяд, ҳамонро хоҳам гуфт“.

14 Ва алҳол, инак, ман назди қавми худ меравам; биё, ман туро огоҳ намоям, ки ин қавм ба қавми ту чиҳо хоҳанд кард».

Нубуввати Билъом.

15 Ва ӯ масали худро оварда, гуфт:

«Ин аст нутқи Билъом ибни Баӯр,

нутқи марде ки чашмонаш воз шудааст,

16 Нутқи касе ки суханони Худоро мешунавад,

ва афкори Ҳаққи Таолоро медонад, —

рӯъёҳои Қодирро муоина менамояд,

фурӯ меғалтад, вале чашмонаш кушода мебошад.

17 Онро мебинам, валекин на ҳозираро;

онро муоина менамоям, вале он наздик нест:

ситорае аз Яъқуб тулӯъ хоҳад намуд,

ва чӯбдасти салтанат аз Исроил хоҳад бархост,

ва ҳудуди Мӯобро сар то сар торумор хоҳад кард,

ва тамоми банӣ‐Шитро ба ҳалокат хоҳад расонид.

18 Ва Адӯм зердаст хоҳад шуд,

ва Сеир зердасти душманонаш хоҳад шуд;

ва Исроил комьёб хоҳад гардид.

19 Ва он ки аз Яъқуб ба майдон меояд, салтанат хоҳад ронд,

ва он чиро, ки аз шаҳр боқӣ монда бошад, несту нобуд хоҳад кард».

20 Ва Амолеқро дид, ва масали худро оварда, гуфт:

«Амолеқ аввали халқост,

ва охираш несту нобуд шудан аст».

21 Ва қениёнро дид, ва масали худро оварда, гуфт:

«Маскани ту мустаҳкам аст,

ва лонаи ту дар сахра гузошта шудааст;

22 Аммо Қойин валангор хоҳад шуд,

ба қарибӣ туро Ашшур ба асирӣ хоҳад бурд».

23 Ва масали худро оварда, гуфт:

«Ҳайҳот, аз замоне ки Худо инро ба амал оварад,

кист, ки тавонад зинда монад!

24 Ва киштиҳо аз ҷониби Киттим хоҳанд омад,

ва Ашшурро мағлуб хоҳанд кард ва Эбарро мағлуб хоҳанд кард;

вале онҳо низ несту нобуд хоҳанд шуд».

25 Ва Билъом бархост, ва рафта, ба макони худ баргашт; ва Болоқ низ ба роҳи худ рафт.

25

БОБИ БИСТУ ПАНҶУМ

Исроил барои маъсият ҷазо ёфт.

1 Ва Исроил дар Шиттим сокин шуд; ва қавм бо духтарони Мӯоб зино кардан гирифтанд.

2 Ва онҳо қавмро ба забҳҳои худоёни худ мехонданд, ва қавм мехӯрданд, ва ба худоёни онҳо саҷда мебурданд.

3 Ва исроилиён ба Баал‐Фаӯр ангал шуданд; ва хашми Худованд бар Исроил аланга зад.

4 Ва Худованд ба Мусо гуфт: «Ҳамаи сардорони қавмро бигир ва онҳоро барои Худованд зери офтоб ба дор бикаш, то ки шиддати ғазаби Худованд аз Исроил баргардад».

5 Ва Мусо ба доварони Исроил гуфт: «Ҳар кадоматон одамони худро, ки ба Баал‐Фаӯр ангал шуда бошанд, бикушед».

6 Ва инак, марде аз банӣ‐Исроил омада, зани мидьёниро пеши назари Мусо ва пеши назари тамоми ҷамоати банӣ‐Исроил назди бародарони худ овард, дар сурате ки онҳо назди даромадгоҳи хаймаи ҷомеъ мегиристанд.

7 Ва Финҳос ибни Элъозор ибни Ҳоруни коҳин инро дид, ва аз миёни ҷамоат бархоста, найзаро ба дасти худ гирифт,

8 Ва аз қафои он марди исроилӣ ба хуҷра дохил шуда, ҳар дуяшон, марди исроилӣ ва занро ба шикамаш халонид; ва вабо аз банӣ‐Исроил бартараф шуд.

9 Ва мурдагон аз вабо бисту чор ҳазор нафар буданд.

10 Ва Худованд ба Мусо сухан ронда, гуфт:

11 «Финҳос ибни Элъозор ибни Ҳоруни коҳин ғазаби Маро аз банӣ‐Исроил дур кард, чунки бо рашки Ман дар миёни онҳо рашк кард, ва Ман банӣ‐Исроилро бо рашки худ маҳв накардам.

12 Бинобар ин бигӯ: „Инак, Ман аҳди осоиштагии Худро ба ӯ медиҳам;

13 Ва он барои ӯ ва барои насли ӯ баъд аз ӯ аҳди каҳонати абадӣ хоҳад буд, чунки ӯ барои Худои худ рашк карда, банӣ‐Исроилро кафорат намуд“».

14 Ва номи он марди исроилии мақтул, ки бо зани мидьёнӣ кушта шуд, Зимрӣ ибни Солу буд, ки вай раиси як хонаводаи шимъӯниён буд.

15 Ва номи он зани мидьёние ки кушта шуд, Козбӣ бинти Сур буд, ки падараш сардори хонаводаи қабилае дар Мидьён буд.

16 Ва Худованд ба Мусо сухан ронда, гуфт:

17 «Бо мидьёниён адоват намуда, онҳоро шикаст диҳед;

18 Зеро ки онҳо бо найрангҳои худ ба шумо душманӣ мекунанд, ва дар воқеаи Фаӯр ва дар масъалаи хоҳари худ, Козбӣ бинти раиси Мидьён, ки дар рӯзи вабо, дар воқеаи Фаӯр кушта шуд, шуморо фирефта карданд».

26

БОБИ БИСТУ ШАШУМ

Саршумории насли ҷавон.

1 Ва баъд аз вабо чунин воқеъ шуд, ки Худованд ба Мусо ва ба Элъозор ибни Ҳоруни коҳин сухан ронда, гуфт:

2 «Тамоми ҷамоати банӣ‐Исроилро, бар ҳасби хонадонҳои онҳо, аз бистсола ва болотар, яъне ҳамаи онҳоеро, ки ба лашкари Исроил мераванд, саросар дар шумор оваред».

3 Ва Мусо ва Элъозори коҳин ба онҳо дар даштҳои Мӯоб, назди Урдун, дар рӯ ба рӯи Ериҳӯ, сухан ронда, гуфтанд:

4 «Аз бистсола ва болотар дар шумор оваред, чунон ки Худованд ба Мусо ва ба банӣ‐Исроил, ки аз замини Миср берун омаданд, амр фармуда буд».

5 Реубен, нахустзодаи Исроил: банӣ‐Реубен: аз Ҳанӯх қабилаи ҳанӯхиён, аз Фаллу қабилаи фаллуиён,

6 Аз Ҳесрӯн қабилаи ҳесрӯниён, аз Кармӣ қабилаи кармиён.

7 Инҳоянд қабилаҳои реубениён; ва дар шумор овардашудагони онҳо чилу се ҳазору ҳафтсаду сӣ нафар буданд.

8 Ва банӣ‐Фаллу: Элиёб.

9 Ва банӣ‐Элиёб: Намуил ва Дотон ва Абиром; ҳамон Дотон ва Абиром, ки калоншавандагони ҷамоат буда, ба зидди Мусо ва Ҳорун бо якҷоягии дастаи Қӯраҳ фитна андохта буданд, вақте ки онҳо ба зидди Худованд фитна андохтанд;

10 Ва замин даҳони худро кушода, онҳоро бо Қӯраҳ фурӯ бурда буд, вақте ки он даста мурданд, ва оташ дусаду панҷоҳ нафарро сӯзонид, ва онҳо ба аломате мубаддал шуданд.

11 Вале банӣ‐Қӯраҳ намурданд.

12 Банӣ‐Шимъӯн бар ҳасби қабилаҳои онҳо: аз Намуил қабилаи намуилиён, аз Ёмин қабилаи ёминиён, аз Ёкин қабилаи ёкиниён,

13 Аз Зораҳ қабилаи зораҳиён, аз Шоул қабилаи шоулиён.

14 Инҳоянд қабилаҳои шимъӯниён — бисту ду ҳазору дусад нафар.

15 Банӣ‐Ҷод бар ҳасби қабилаҳои онҳо: аз Сафӯн қабилаи сафӯниён, аз Ҳаҷҷӣ қабилаи ҳаҷҷиён, аз Шунӣ қабилаи шуниён,

16 Аз Ознӣ қабилаи озниён, аз Эрӣ қабилаи эриён,

17 Аз Арӯд қабилаи арӯдиён, аз Арэлӣ қабилаи арэлиён.

18 Инҳоянд қабилаҳои банӣ‐Ҷод бар ҳасби дар шумор овардашудагони онҳо — чил ҳазору панҷсад нафар.

19 Банӣ‐Яҳудо: Эр ва Ӯнон; ва Эр ва Ӯнон дар замини Канъон мурданд.

20 Ва банӣ‐Яҳудо бар ҳасби қабилаҳои онҳо инҳоянд: аз Шело қабилаи шелоиён, аз Форас қабилаи форасиён, аз Зораҳ қабилаи зораҳиён.

21 Ва банӣ‐Форас инҳоянд: аз Ҳесрӯн қабилаи ҳесрӯниён, аз Ҳомул қабилаи ҳомулиён.

22 Инҳоянд қабилаҳои Яҳудо бар ҳасби дар шумор овардашудагони онҳо — ҳафтоду шаш ҳазору панҷсад нафар.

23 Банӣ‐Иссокор бар ҳасби қабилаҳои онҳо: аз Тӯлоъ қабилаи тӯлоиён, аз Фувво қабилаи фуввоиён,

24 Аз Ёшув қабилаи ёшувиён, аз Шимрӯн қабилаи шимрӯниён.

25 Инҳоянд қабилаҳои Иссокор бар ҳасби дар шумор овардашудагони онҳо — шасту чор ҳазору сесад нафар.

26 Банӣ‐Забулун бар ҳасби қабилаҳои онҳо: аз Сорад қабилаи сорадиён, аз Элӯн қабилаи элӯниён, аз Яҳлаил қабилаи яҳлаилиён.

27 Инҳоянд қабилаҳои забулуниён бар ҳасби дар шумор овардашудагони онҳо — шаст ҳазору панҷсад нафар.

28 Банӣ‐Юсуф бар ҳасби қабилаҳои онҳо: Менашше ва Эфроим.

29 Банӣ‐Менашше: аз Мокир қабилаи мокириён; ва Мокир Ҷилъодро ба дуньё овард; аз Ҷилъод қабилаи ҷилъодиён.

30 Инҳоянд банӣ‐Ҷилъод: аз Иозар қабилаи иозариён, аз Ҳелақ қабилаи ҳелақиён,

31 Ва аз Асриил қабилаи асриилиён, ва аз Шокам қабилаи шокамиён,

32 Ва аз Шамидоъ қабилаи шамидоиён, ва аз Ҳефар қабилаи ҳефариён.

33 Ва Салофҳод ибни Ҳефар писаре надошт, балки духтаронаш буданд, ва номи духтарони Салофҳод ин аст: Маҳло, Нӯо, Ҳоҷло, Милко ва Тирсо.

34 Инҳоянд қабилаҳои Менашше, ва дар шумор овардашудагони онҳо панҷоҳу ду ҳазору ҳафтсад нафар буданд.

35 Инҳоянд банӣ‐Эфроим бар ҳасби қабилаҳои онҳо: аз Шутолаҳ қабилаи шутолаҳиён, аз Бокар қабилаи бокариён, аз Таҳан қабилаи таҳаниён.

36 Ва инҳоянд банӣ‐Шутолаҳ: аз Эйрон қабилаи эйрониён.

37 Инҳоянд қабилаҳои банӣ‐Эфроим бар ҳасби дар шумор овардашудагони онҳо — сию ду ҳазору панҷсад нафар. Инҳоянд банӣ‐Юсуф бар ҳасби қабилаҳои онҳо.

38 Банӣ‐Биньёмин бар ҳасби қабилаҳои онҳо: аз Болаъ қабилаи болаиён, аз Ашбил қабилаи ашбилиён, аз Аҳиром қабилаи аҳиромиён,

39 Аз Шафуфом қабилаи шафуфомиён, аз Ҳуфом қабилаи ҳуфомиён.

40 Ва банӣ‐Болаъ инҳоянд: Ард ва Наамон; аз Ард қабилаи ардиён, аз Наамон қабилаи наамониён.

41 Инҳоянд банӣ‐Биньёмин бар ҳасби қабилаҳои онҳо, ва дар шумор овардашудагони онҳо чилу панҷ ҳазору ҳаштсад нафар буданд.

42 Инҳоянд банӣ‐Дон бар ҳасби қабилаҳои онҳо: аз Шуҳом қабилаи шуҳомиён; инҳоянд қабилаҳои Дон бар ҳасби қабилаҳои онҳо.

43 Ҳамаи қабилаҳои шуҳомиён бар ҳасби дар шумор овардашудагони онҳо — шасту чор ҳазору чорсад нафар буданд.

44 Банӣ‐Ошер бар ҳасби қабилаҳои онҳо: аз Йимно қабилаи йимноиён, аз Йишвӣ қабилаи йишвиён, аз Барио қабилаи бариоиён.

45 Аз банӣ‐Барио: аз Ҳибар қабилаи ҳибариён, аз Малкиил қабилаи малкиилиён.

46 Ва номи духтари Ошер Сораҳ буд.

47 Инҳоянд қабилаҳои банӣ‐Ошер бар ҳасби дар шумор овардашудагони онҳо — панҷоҳу се ҳазору чорсад нафар буданд.

48 Банӣ‐Нафтолӣ бар ҳасби қабилаҳои онҳо: аз Яҳсаил қабилаи яҳсаилиён, аз Ҷунӣ қабилаи ҷуниён,

49 Аз Есар қабилаи есариён, аз Шиллим қабилаи шиллимиён.

50 Инҳоянд қабилаҳои Нафтолӣ бар ҳасби қабилаҳои онҳо, ва дар шумор овардашудагони онҳо чилу панҷ ҳазору чорсад нафар буданд.

51 Инҳоянд дар шумор овардашудагони банӣ‐Исроил: шашсаду як ҳазору ҳафтсаду сӣ нафар.

52 Ва Худованд ба Мусо сухан ронда, гуфт:

53 «Ба инҳо, бар ҳасби шумораи номҳо, замин бояд барои моликият тақсим карда шавад.

54 Ба он ки сершумор аст, мулкашро зиёдтар бидеҳ, ва ба он ки камшумор аст, мулкашро камтар бидеҳ; ба ҳар яке мулки вай бояд мувофиқи дар шумор овардашудагонаш дода шавад.

55 Замин бояд фақат аз рӯи қуръа тақсим карда шавад; бар тибқи номҳои сибтҳои падарони худ онҳо бояд мулк бигиранд.

56 Ҳам ба онҳое ки сершуморанд, ва ҳам ба онҳое ки камшуморанд, мулкашон бояд аз рӯи қуръа тақсим карда шавад».

57 Ва инҳоянд дар шумор овардашудагони Левӣ бар ҳасби қабилаҳои онҳо: аз Ҷершӯн қабилаи ҷершӯниён, аз Қаҳот қабилаи қаҳотиён, аз Марорӣ қабилаи марориён.

58 Инҳоянд қабилаҳои Левӣ: қабилаи либниён, қабилаи ҳебрӯниён, қабилаи маҳлиён, қабилаи мушиён, қабилаи қӯраҳиён; ва Каҳот Амромро ба дуньё овард.

59 Ва номи зани Амром Юкобад буд, ки ӯ духтари Левӣ буд, ва ӯро зани Левӣ дар Миср зоида буд; ва ӯ барои Амром Ҳорун ва Мусо ва хоҳарашон Марьямро зоид.

60 Ва барои Ҳорун Нодоб, Абиҳу, Элъозор ва Итомор зоида шуданд.

61 Вале Нодоб ва Абиҳу мурданд, вақте ки оташи бегонае ба ҳузури Худованд тақдим карданд.

62 Ва дар шумор овардашудагони онҳо, яъне мардинае аз якмоҳа ва болотар, бисту се ҳазор нафар буданд; зеро ки онҳо дар миёни банӣ‐Исроил дар шумор оварда нашуда буданд, чунки ба онҳо дар миёни банӣ‐Исроил моликият дода нашудааст.

63 Инҳоянд дар шумор овардашудагон ба воситаи Мусо ва Элъозори коҳин, вақте ки онҳо банӣ‐Исроилро дар даштҳои Мӯоб, назди Урдун, дар рӯ ба рӯи Ериҳӯ дар шумор оварданд.

64 Ва дар миёни онҳо касе набуд аз онҳое ки Мусо ва Ҳоруни коҳин дар шумор оварда буданд, вақте ки банӣ‐Исроилро дар биёбони Сино дар шумор оварданд;

65 Зеро ки Худованд ба онҳо гуфта буд: «Ба яқин онҳо дар биёбон хоҳанд мурд», ва аз онҳо, ба ҷуз Колеб ибни Ефунне ва Еҳушаъ ибни Нун, касе боқӣ намонд.

27

БОБИ БИСТУ ҲАФТУМ

Дастурот дар бораи мерос.

1 Ва духтарони Салофҳод ибни Ҳефар ибни Ҷилъод ибни Мокир ибни Менашше, ки аз қабилаҳои Менашше ибни Юсуф буданд, наздик омаданд, ва инҳост номҳои духтаронаш: Маҳло, Нӯо, Ҳоҷло, Милко ва Тирсо;

2 Ва ба ҳузури Мусо ва ба ҳузури Элъозори коҳин ва ба ҳузури раисон ва тамоми ҷамоат, назди дари хаймаи ҷомеъ истода, гуфтанд:

3 «Падари мо дар биёбон мурд, ва ӯ дар миёни он дастае набуд, ки ба зидди Худованд дар дастаи Қӯраҳ ҷамъ шуда буданд, балки дар гуноҳи худ мурд, ва писаре надошт.

4 Пас, чаро номи падари мо, аз боиси он ки писаре надорад, аз миёни қабилаи ӯ нест шавад? Лутфан, ба мо дар миёни бародарони падари мо мулке бидеҳ».

5 Ва Мусо даъвои онҳоро ба ҳузури Худованд овард.

6 Ва Худованд ба Мусо сухан ронда, гуфт:

7 «Духтарони Салофҳод дуруст мегӯянд; ба онҳо дар миёни бародарони падарашон мулки меросие бидеҳ, ва мулки падарашонро ба онҳо бисупор.

8 Ва ба банӣ‐Исроил сухан ронда, бигӯ: „Агар касе бимирад ва писаре надошта бошад, мулки ӯро ба духтараш бисупоред.

9 Ва агар ӯ духтаре надошта бошад, мулки ӯро ба бародаронаш бидиҳед.

10 Ва агар бародаре надошта бошад, мулки ӯро ба бародари падараш бидиҳед.

11 Ва агар падари ӯ бародаре надошта бошад, мулки ӯро ба касе бидиҳед, ки аз қабилаи ӯ хеши наздиктараш бошад, то ки онро тасарруф намояд. Ва бигзор ин барои банӣ‐Исроил фаризаи шаръӣ бошад, чунон ки Худованд ба Мусо амр фармудааст“».

Мусо ба вафот тайёр мешавад. Ҷонишини ӯ — Ехушаъ ибни Нун.

12 Ва Худованд ба Мусо гуфт: «Ба ин кӯҳи Аборим баро, ва заминеро, ки Ман ба банӣ‐Исроил медиҳам, бубин.

13 Ва ҳангоме ки онро бубинӣ, ту низ ба қавми худ хоҳӣ пайваст, чунон ки бародарат Ҳорун бипайваст;

14 Аз боиси он ки шумо дар биёбони Син, вақте ки ҷамоат низоъ карданд, ба фармони Ман муқобилат намудед, ва қудсияти Маро назди об пеши назари онҳо зоҳир насохтед, ки оби Мерибои Қодеш дар биёбони Син буд».

15 Ва Мусо ба Худованд сухан ронда, гуфт:

16 «Бигзор Худованд, ки Худои рӯҳҳои тамоми навъи башар аст, касеро бар ин ҷамоат таъин намояд,

17 Ки вай пешопеши онҳо берун равад ва пешопеши онҳо дохил шавад, онҳоро берун барад ва онҳоро дохил кунад, то ки ҷамоати Худованд мисли гӯсфандони бе чӯпоне набошанд».

18 Ва Худованд ба Мусо гуфт: «Еҳушаъ ибни Нунро, ки марди соҳибрӯҳ аст, барои худ бигир, ва дасти худро бар ӯ бимон,

19 Ва ӯро ба ҳузури Элъозори коҳин ва ба ҳузури тамоми ҷамоат пешниҳод кун, ва ӯро пеши назари онҳо таъин намо,

20 Ва аз шукӯҳи худ ба ӯ бидеҳ, то ки тамоми ҷамоати банӣ‐Исроил ба ӯ гӯш диҳанд.

21 Ва ӯ ба ҳузури Элъозори коҳин истад, то ки барои ӯ ҳукми уримро ба ҳузури Худованд бипурсад: аз рӯи фармони вай бояд ӯ, ва тамоми банӣ‐Исроил бо ӯ, ва тамоми ҷамоат берун раванд, ва аз рӯи фармони вай дохил шаванд».

22 Ва Мусо ончунон ки Худованд ба ӯ амр фармуда буд, амал намуд, ва Еҳушаъро гирифта, ба ҳузури Элъозори коҳин ва ба ҳузури тамоми ҷамоат пешниҳод кард;

23 Ва дастҳои худро бар ӯ гузошт, ва ӯро таъин намуд, чунон ки Худованд ба воситаи Мусо гуфта буд.

28

БОБИ БИСТУ ҲАШТУМ

Тартиби тақдим кардани қурбониҳо.

1 Ва Худованд ба Мусо сухан ронда, гуфт:

2 «Ба банӣ‐Исроил амр фармо ва ба онҳо бигӯ: „Қурбонии Маро, яъне нони Маро, ки барои қурбонии оташини Ман аст, ва атри гуворои Ман аст, риоя намуда, дар сари вақташ тақдим кунед“.

3 Ва ба онҳо бигӯ: ин аст қурбонии оташине ки бояд ба Худованд тақдим кунед: барраҳои нари яксолаи беайб, ҳар рӯз ду адад, барои қурбонии сӯхтании доимӣ.

4 Як барраро дар субҳ тақдим намо, ва барраи дигарро шомгоҳ тақдим намо.

5 Ва барои ҳадияи ордӣ — ба андозаи як ушри эфа орди маҳине ки бо чорьяк ҳин равғани зайтуни кӯфта омехта шуда бошад.

6 Ин — қурбонии сӯхтании доимиест, ки дар кӯҳи Сино ҳамчун атри гуворо ва қурбонии оташин барои Худованд ба амал оварда шуда буд.

7 Ва ҳадияи рехтании он чорьяк ҳин барои ҳар барра аст; ин ҳадияи рехтании шаробро барои Худованд дар макони муқаддас бирез.

8 Ва барраи дигарро шомгоҳ тақдим намо; мисли ҳадияи ордии субҳ ва мисли ҳадияи рехтании он тақдим намо, то ки қурбонии оташин ва атри гуворо барои Худованд бошад.

9 Ва дар рӯзи шанбе — ду барраи нари яксолаи беайб, ва барои ҳадияи ордӣ ду ушр орди маҳини омехта бо равған, ва ҳадияи рехтании он.

10 Ин — қурбонии сӯхтанӣ барои ҳар рӯзи шанбе мебошад, ба иловаи қурбонии сӯхтании доимӣ ва ҳадияи рехтании он.

11 Ва дар навмоҳҳои худ қурбонии сӯхтанӣ барои Худованд тақдим намоед: ду наргови ҷавон, як қӯчқор ва ҳафт барраи нари яксолаи беайб,

12 Ва ҳадияи ордӣ ба андозаи се ушр орди маҳини омехта бо равған барои ҳар наргов, ва ҳадияи ордӣ ба андозаи ду ушр орди маҳини омехта бо равған барои ҳар қӯчқор,

13 Ва ҳадияи ордӣ ба андозаи як ушр орди маҳини омехта бо равған барои ҳар барра, то ки қурбонии сӯхтанӣ, атри гуворо, қурбонии оташин барои Худованд бошад.

14 Ва ҳадияҳои рехтании онҳо — ба андозаи нисфи ҳин шароб барои ҳар наргов бояд бошад, ва сеяки ҳин барои ҳар қӯчқор, ва чорьяки ҳин барои ҳар барра; ин аст қурбонии сӯхтании ҳар як навмоҳ дар моҳҳои сол.

15 Ва як нарбуз барои қурбонии гуноҳ, ба иловаи қурбонии сӯхтании доимӣ ва ҳадияи рехтании он бояд тақдим карда шавад.

16 Ва дар моҳи якум, дар рӯзи чордаҳуми моҳ, фисҳ барои Худованд аст.

17 Ва дар рӯзи понздаҳуми ин моҳ ид аст; ҳафт рӯз бояд фатир хӯрда шавад.

18 Дар рӯзи аввал ҷамъомади муқаддас аст, ҳеҷ кори пурзаҳмат накунед.

19 Ва қурбонии оташин, қурбонии сӯхтанӣ барои Худованд тақдим кунед: ду наргови ҷавон, як қӯчқор ва ҳафт барраи нари яксола; бигзор онҳо барои шумо беайб бошад.

20 Ва ҳадияи ордии онҳо: орди маҳини омехта бо равған се ушр барои ҳар наргов, ва ду ушр барои ҳар қӯчқор тақдим кунед.

21 Ва як ушр барои ҳар барра аз он ҳафт барра тақдим намо.

22 Ва як нарбуз барои қурбонии гуноҳ, то ки шуморо кафорат намояд.

23 Инҳоро ба иловаи қурбонии сӯхтании субҳ, ки қурбонии сӯхтании доимист, тақдим кунед.

24 Ҳамин тавр ҳар рӯз аз он ҳафт рӯз ба амал оваред; нони ҳадияи оташин атри гуворо барои Худованд аст; ин бояд ба иловаи қурбонии сӯхтании доимӣ ва ҳадияи рехтании он тақдим карда шавад.

25 Ва дар рӯзи ҳафтум бигзор ҷамъомади муқаддас барои шумо бошад; ҳеҷ кори пурзаҳмат накунед.

26 Ва дар рӯзи навбарҳо, вақте ки ҳадияи ордии тоза барои Худованд дар иди ҳафтаҳои худ тақдим менамоед, бигзор ҷамъомади муқаддас барои шумо бошад; ҳеҷ кори пурзаҳмат накунед.

27 Ва қурбонии сӯхтание ҳамчун атри гуворо барои Худованд тақдим кунед: ду наргови ҷавон, як қӯчқор ва ҳафт барраи нари яксола;

28 Ва ҳадияи ордии онҳо: орди маҳини омехта бо равған се ушр барои ҳар наргов, ва ду ушр барои ҳар қӯчқор,

29 Ва як ушр барои ҳар барра аз он ҳафт барра;

30 Ва як нарбуз, то ки шуморо кафорат намояд.

31 Онҳоро ба иловаи қурбонии сӯхтании доимӣ ва ҳадияи ордии он тақдим намоед; бо ҳадияи рехтании онҳо; онҳо барои шумо беайб бошад.

29

БОБИ БИСТУ НӮҲУМ

Қурбониҳои идҳои моҳи ҳафтум.

1 Ва дар моҳи ҳафтум, дар рӯзи якуми моҳ, бигзор ҷамъомади муқаддас барои шумо бошад; ҳеҷ кори пурзаҳмат накунед; бигзор он барои шумо рӯзи навохтани карнайҳо бошад.

2 Ва қурбонии сӯхтание ҳамчун атри гуворо барои Худованд тақдим кунед: як наргови ҷавон, як қӯчқор, ҳафт барраи нари яксолаи беайб;

3 Ва ҳадияи ордии онҳо: орди маҳини омехта бо равған се ушр барои ҳар наргов, ду ушр барои ҳар қӯчқор,

4 Ва як ушр барои ҳар барра аз он ҳафт барра;

5 Ва як нарбуз барои қурбонии гуноҳ, то ки шуморо кафорат намояд,

6 Ба иловаи қурбонии сӯхтании навмоҳ ва ҳадияи ордии он, ва қурбонии сӯхтании доимӣ ва ҳадияи ордии он, ва ҳадияҳои рехтании онҳо бар тибқи дастури онҳо, то ки атри гуворо ва қурбонии оташин барои Худованд бошад.

7 Ва дар рӯзи даҳуми ин моҳ бигзор ҷамъомади муқаддас барои шумо бошад, ва шумо ҷонҳои худро азият диҳед; ҳеҷ кор накунед.

8 Ва қурбонии сӯхтание барои Худованд ҳамчун атри гуворо тақдим кунед: як наргови ҷавон, як қӯчқор ва ҳафт барраи нари яксола, ки барои шумо беайб бошад.

9 Ва ҳадияи ордии онҳо: орди маҳини омехта бо равған се ушр барои ҳар наргов, ду ушр барои як қӯчқор,

10 Ва як ушр барои ҳар барра аз он ҳафт барра,

11 Ва як нарбуз барои қурбонии гуноҳ, ба иловаи қурбонии гуноҳи рӯзи кафорат ва қурбонии сӯхтании доимӣ бо ҳадияи ордии он, ва бо ҳадияҳои рехтании онҳо.

12 Ва дар рӯзи понздахуми моҳи ҳафтум бигзор ҷамъомади муқаддас барои шумо бошад; ҳеҷ кори пурзаҳмат накунед, ва иди Худовандро ҳафт рӯз ид кунед.

13 Ва қурбонии сӯхтанӣ, қурбонии оташин, атри гуворо барои Худованд тақдим кунед: сездаҳ наргови ҷавон, ду қӯчқор ва чордаҳ барраи нари яксола, ки беайб бошад.

14 Ва ҳадияи ордии онҳо: орди маҳини омехта бо равған се ушр барои ҳар наргов аз он сездаҳ наргов, ду ушр барои ҳар қӯчқор аз он ду қӯчқор,

15 Ва як ушр барои ҳар барра аз он чордаҳ барра,

16 Ва як нарбуз барои қурбонии гуноҳ, ба иловаи қурбонии сӯхтании доимӣ, бо ҳадияи ордӣ ва ҳадияи рехтании он.

17 Ва дар рӯзи дуюм: дувоздаҳ наргови ҷавон, ду қӯчқор, чордаҳ барраи нари яксола, ки беайб бошад,

18 Ва ҳадияҳои ордии онҳо ва ҳадияҳои рехтании онҳо барои нарговҳо, қӯчқорҳо ва барраҳо, мувофиқи шумораи онҳо, бар тибқи дастур,

19 Ва як нарбуз барои қурбонии гуноҳ, ба иловаи қурбонии сӯхтании доимӣ бо ҳадияи ордии он, ва бо ҳадияҳои рехтании онҳо.

20 Ва дар рӯзи сеюм: ёздаҳ наргов, ду қӯчқор, чордаҳ барраи нари яксола, ки беайб бошад,

21 Ва ҳадияҳои ордӣ ва ҳадияҳои рехтании онҳо барои нарговҳо, қӯчқорҳо ва барраҳо, мувофиқи шумораи онҳо, бар тибқи дастур,

22 Ва як нарбуз барои қурбонии гуноҳ, ба иловаи қурбонии сӯхтании доимӣ бо ҳадияи ордӣ ва ҳадияи рехтании он.

23 Ва дар рӯзи чорум: даҳ наргов, ду қӯчқор, чордаҳ барраи нари яксола, ки беайб бошад,

24 Ва ҳадияҳои ордӣ ва ҳадияҳои рехтании онҳо барои нарговҳо, қӯчқорҳо ва барраҳо, мувофиқи шумораи онҳо, бар тибқи дастур,

25 Ва як нарбуз барои қурбонии гуноҳ, ба иловаи қурбонии сӯхтании доимӣ бо ҳадияи ордӣ ва ҳадияи рехтании он.

26 Ва дар рӯзи панҷум: нӯҳ наргов, ду қӯчқор, чордаҳ барраи нари яксола, ки беайб бошад,

27 Ва ҳадияҳои ордӣ ва ҳадияҳои рехтании онҳо барои нарговҳо, қӯчқорҳо ва барраҳо, мувофиқи шумораи онҳо, бар тибқи дастур,

28 Ва як нарбуз барои қурбонии гуноҳ, ба иловаи қурбонии сӯхтании доимӣ бо ҳадияи ордӣ ва ҳадияи рехтании он.

29 Ва дар рӯзи шашум: ҳашт наргов, ду қӯчқор, чордаҳ барраи нари яксола, ки беайб бошад,

30 Ва ҳадияҳои ордӣ ва ҳадияҳои рехтании онҳо барои нарговҳо, қӯчқорҳо ва барраҳо, мувофиқи шумораи онҳо, бар тибқи дастур,

31 Ва як нарбуз барои қурбонии гуноҳ, ба иловаи қурбонии сӯхтании доимӣ ва ҳадияи ордӣ ва ҳадияҳои рехтании он.

32 Ва дар рӯзи ҳафтум: ҳафт наргов, ду қӯчқор, чордаҳ барраи нари яксола, ки беайб бошад,

33 Ва ҳадияҳои ордӣ ва ҳадияҳои рехтании онҳо барои нарговҳо, қӯчқорҳо ва барраҳо, мувофиқи шумораи онҳо, бар тибқи дастур,

34 Ва як нарбуз барои қурбонии гуноҳ, ба иловаи қурбонии сӯхтании доимӣ ва ҳадияи ордӣ ва ҳадияи рехтании он.

35 Дар рӯзи ҳаштум бигзор ҷашн барои шумо бошад; ҳеҷ кори пурзаҳмат накунед.

36 Ва қурбонии сӯхтанӣ, қурбонии оташин, атри гуворо барои Худованд тақдим кунед: як наргов, як қӯчқор, ҳафт барраи нари яксола, ки беайб бошад.

37 Ва ҳадияи ордӣ ва ҳадияҳои рехтании онҳо барои наргов, қӯчқор ва барраҳо, мувофиқи шумораи онҳо, бар тибқи дастур,

38 Ва як нарбуз барои қурбонии гуноҳ, ба иловаи қурбонии сӯхтании доимӣ ва ҳадияи ордӣ ва ҳадияи рехтании он.

39 Инҳоро барои Худованд дар идҳои худ тақдим намоед, ба иловаи назрҳо ва хайроти худ: қурбониҳои сӯхтании худ ва ҳадияҳои ордии худ ва ҳадияҳои рехтании худ ва қурбониҳои саломатии худ».

30

БОБИ СИЮМ

Дастурот дар бораи назрҳо

1 Ва Мусо бар тибқи ҳар он чи Худованд ба Мусо амр фармуда буд, ба банӣ‐Исроил сухан ронд.

2 Ва Мусо ба сардорони сибтҳои банӣ‐Исроил сухан ронда, гуфт: «Ин аст он чи Худованд амр фармудааст:

3 Агар касе барои Худованд назр кунад, ё ки қасам хӯрда, нафси худро аз чизе манъ намояд, пас набояд қавли худро ботил кунад, балки бар тибқи ҳар он чи аз даҳонаш баромадааст, бояд амал намояд.

4 Ва агар зане дар хонаи падараш, дар айёми ҷавонияш, барои Худованд назр карда, нафси худро аз чизе манъ намояд,

5 Ва падараш назри варо бишнавад, ки вай нафси худро аз чизе манъ намудааст, ва падараш дар ин бобат хомӯш монад, пас ҳамаи назрҳои вай қоим хоҳад буд, ва ҳар манъе ки вай бар нафси худ гузоштааст, бояд ба амал оварда шавад.

6 Вале агар падараш дар рӯзе ки шунид, ба вай эътироз намояд, ҳар назри вай ва ҳар манъе ки вай бар нафси худ гузоштааст, ба амал нахоҳад омад, ва Худованд варо хоҳад омурзид, зеро ки падараш ба вай монеъ шудааст.

7 Ва агар вай шавҳар кунад ва назрҳояш ё қавли даҳонаш, ки манъе ба воситаи он бар нафси худ гузоштааст, бар гарданаш бошад,

8 Ва шавҳараш бишнавад, ва дар рӯзе ки шунид, дар ин бобат хомӯш монад, пас назрҳои вай қоим хоҳад буд, ва манъҳое ки вай бар нафси худ гузоштааст, бояд ба амал оварда шавад.

9 Вале агар шавҳараш, дар рӯзе ки шунид, ба вай эътироз намояд, ва вай назреро, ки бар гардани вай аст, ва қавли даҳонашро, ки манъе ба воситаи он бар нафси худ гузоштааст, ботил кунад, — Худованд варо хоҳад омурзид.

10 Валекин назри бева ва зани талоқгирифта, яъне ҳар манъе ки вай бар нафси худ гузоштааст, бояд аз ҷониби вай ба амал оварда шавад.

11 Ва агар зане дар хонаи шавҳараш назр кунад, ё ки қасам хӯрда, нафси худро аз чизе манъ намояд,

12 Ва шавҳараш бишнавад, ва дар ин бобат хомӯш монда, ба вай эътироз нанамояд, — ҳамаи назрҳои вай қоим хоҳад буд, ва ҳар манъе ки вай бар нафси худ гузоштааст, бояд ба амал оварда шавад.

13 Ва агар шавҳари вай, дар рӯзе ки шунид, онҳоро ботил кунад, — ҳар қавле ки дар бораи назрҳояш ва манъи нафсаш аз даҳони вай баромадааст, қоим нахоҳад буд; шавҳараш онҳоро ботил намудааст, ва Худованд варо хоҳад омурзид.

14 Ҳар назре ва ҳар манъе ки барои азият додани нафси вай бошад, — шавҳараш метавонад онро коим гардонад, ва шавҳараш метавонад онро ботил кунад.

15 Ва агар шавҳараш дар ин бобат аз имрӯз то фардо хомӯш монад, — ӯ бо ҳамин ҳамаи назрҳои варо, ё ҳамаи манъҳоеро, ки бар гардани вай аст, қоим гардонидааст; азбаски ӯ, дар рӯзе ки шунид, дар ин бобат хомӯш монд, бо ҳамин онҳоро қоим гардонид.

16 Ва агар ӯ, баъд аз шуниданаш, онҳоро ботил кунад, гуноҳи варо ӯ ба гардани худ мегирад».

17 Ин аст фароизе ки Худованд ба Мусо амр фармуд оид ба муносибатҳои байни шавҳар ва зани ӯ, байни падар ва духтари ӯ дар айёми ҷавонии вай, вақте ки дар хонаи падараш мебошад.

31

БОБИ СИЮ ЯКУМ

Доварӣ бар мидьёниён.

1 Ва Худованд ба Мусо сухан ронда, гуфт:

2 «Интиқоми банӣ‐Исроилро аз мидьёниён бигир; баъд аз он ба қавми худ хоҳӣ пайваст».

3 Ва Мусо ба қавм сухан ронда, гуфт: «Аз миёни худ одамонро барои лашкар мусаллаҳ намоед, то ки онҳо ба Мидьён ҳуҷум карда, интиқоми Худовандро аз Мидьён бигиранд.

4 Ҳазор нафар аз ҳар сибт, аз ҳамаи сибтҳои Исроил, ба лашкар бифиристед».

5 Ва аз қабилаҳои Исроил ҳазор нафар аз ҳар сибт, ҷамъ дувоздаҳ ҳазор нафар ҷанговарони мусаллаҳ супурда шуданд.

6 Ва Мусо онҳоро, ҳазор нафар аз ҳар сибт, ба ҷанг фиристод, онҳоро бо Финҳос ибни Элъозори коҳин, ки колои муқаддас ва карнайҳо барои навохтан дар дасташ буд, ба ҷанг фиристод.

7 Ва онҳо бо Мидьён, чунон ки Худованд ба Мусо амр фармуда буд, ҷанг карданд, ва ҳамаи мардҳоро куштанд.

8 Ва дар миёни мақтулон подшоҳони Мидьён: Авӣ, Роқам, Сур, Ҳур ба Рабаъро, яъне панҷ подшоҳи Мидьёнро куштанд; ва Билъом ибни Баӯрро бо шамшер куштанд.

9 Ва банӣ‐Исроил занони Мидьён ва бачагони онҳоро ба асирӣ бурданд; ва ҳамаи чорпоён ва ҳамаи рамаҳо ва тамоми дороии онҳоро тороҷ карданд.

10 Ва ҳамаи шаҳрҳои онҳоро дар бошишгоҳҳои онҳо, ва тамоми деҳоти онҳоро бо оташ сӯзониданд.

11 Ва тамоми ғанимат ва ҳамаи одамон ва чорпоёни забтшударо гирифтанд,

12 Ва асирон ва чорпоёни забтшуда ва ғаниматро пеши Мусо ва Элъозори коҳин ва ҷамоати банӣ‐Исроил ба ӯрдугоҳ, ба даштҳои Мӯоб, ки назди Урдун, дар рӯ ба рӯи Ериҳӯ буд, оварданд.

13 Ва Мусо ва Элъозори коҳин ва ҳамаи раисони ҷамоат ба пешвози онҳо, берун аз ӯрдугоҳ баромаданд.

14 Ва Мусо бар сардорони лашкар, яъне бар мириҳазорҳо ва мирисадҳо, ки аз ҷанг омада буданд, дарғазаб шуд,

15 Ва Мусо ба онҳо гуфт: «Оё ҳамаи занонро зинда ингоҳ доштед?

16 Инҳо, охир, аз рӯи машварати Билъом, банӣ‐Исроилро васваса дода буданд, ки ба хотири Фаӯр ба Худованд хиёнат кунанд, ва дар ҷамоати Худованд вабо рӯй дод.

17 Ва алҳол, ҳар писарбачаро бикушед, ва ҳар занеро, ки бо мард ҳамхоб шуда бошад, бикушед.

18 Ва ҳар духтарро, ки бо мард ҳамхоб нашуда бошад, барои худ ингоҳ доред.

19 Ва шумо ҳафт рӯз берун аз ӯрдугоҳ хайма занед; ҳар кӣ касеро кушта бошад, ва ҳар кӣ ба мақтуле расида бошад, аз шумо ва асирони шумо, дар рӯзи сеюм ва дар рӯзи ҳафтум худро татҳир намояд.

20 Ва ҳар либос, ва ҳар колои чармин, ва ҳар ашьёи аз пашми буз сохташуда, ва ҳар колои чӯбинро татҳир намоед».

21 Ва Элъозори коҳин ба ҷанговароне ки ба ҷанг рафта буданд, гуфт: «Ин аст фаризаи шариат, ки Худованд ба Мусо амр фармудааст:

22 Фақат тилло, нуқра, мис, оҳан, қалъагӣ ва қӯрғошимро,

23 Яъне ҳар чиро, ки ба оташ тоб меоварад, аз оташ бигзаронед, ва он татҳир хоҳад ёфт, аммо бо оби татҳири нопокӣ низ он бояд татҳир карда шавад; ва ҳар чиро, ки ба оташ тоб намеоварад, аз об бигзаронед.

24 Ва либосҳои худро дар рӯзи ҳафтум бишӯед, ва татҳир хоҳед ёфт, ва баъд аз он метавонед ба ӯрдугоҳ дохил шавед».

25 Ва Худованд ба Мусо сухан ронда, гуфт:

26 «Ту ва Элъозори коҳин ва сардорони хонаводаҳо ғанимати асириро, чи аз одамон, чи аз чорпоён, саросар дар шумор оваред.

27 Ва ин ғаниматро дар миёни ҷанговароне ки ба ҷанг рафтаанд, ва тамоми ҷамоат ду тақсим намо.

28 Ва аз ҷанговароне ки ба ҷанг рафтаанд, хироҷ барои Худованд бигир: як адад аз панҷсад адад — чи аз одамон, чи аз говон, чи аз харон, чи аз гӯсфандон.

29 Инро аз ҳиссаи онҳо гирифта, ба Элъозори коҳин бидеҳ, то ки ҳадия барои Худованд бошад.

30 Ва аз ҳиссаи банӣ‐Исроил як адад аз панҷоҳ адад — чи аз одамон, чи аз говон, чи аз харон, чи аз гӯсфандон, яъне аз ҳамаи чорпоён — бигир, ва онҳоро ба левизодагон, ки хизмати маскани Худовандро ба ҷо меоваранд, бидеҳ».

31 Ва Мусо ва Элъозори коҳин бар тибқи он чи Худованд ба Мусо амр фармуда буд, амал карданд.

32 Ва ғанимат, ғайр аз он чи мардони ҷангӣ тороҷ карда буданд, чунин буд: гӯсфандон — шашсаду ҳафтоду панҷ ҳазор сар;

33 Ва говон — ҳафтоду ду ҳазор сар;

34 Ва харон — шасту як ҳазор сар;

35 Ва одамон, аз заноне ки бо мард ҳамхоб нашудаанд, ҷамъ сию ду ҳазор нафар.

36 Ва нимае ки ҳиссаи ба ҷанг рафтагон шуда буд, чунин буд: миқдори гӯсфандон — сесаду сию ҳафт ҳазору панҷсад сар;

37 Ва хироҷи Худованд аз ин гӯсфандон — шашсаду ҳафтоду панҷ сар;

38 Ва говон — сию шаш ҳазор сар, ва аз онҳо хироҷ барои Худованд — ҳафтоду ду сар;

39 Ва харон — сӣ ҳазору панҷсад сар, ва аз онҳо хироҷ барои Худованд — шасту як сар;

40 Ва одамон — шонздаҳ ҳазор нафар, ва аз онҳо хироҷ барои Худованд — сию ду нафар.

41 Ва Мусо ин хироҷро, ки ҳадия барои Худованд буд, ба Элъозори коҳин дод, чунон ки Худованд ба Мусо амр фармуда буд.

42 Ва аз ҳиссаи банӣ‐Исроил, ки онро Мусо аз мардони ҷангӣ ҷудо карда буд, —

43 Ин ҳиссаи ҷамоат чунин буд: гӯсфандон — сесаду сию ҳафт ҳазору панҷсад сар,

44 Ва говон — сию шаш ҳазор,

45 Ва харон — сӣ ҳазору панҷсад сар,

46 Ва одамон — шонздаҳ ҳазор нафар, —

47 Ва Мусо аз ҳиссаи банӣ‐Исроил як адад аз панҷоҳ адад — чи аз одамон, чи аз чорпоён — гирифт, ва онҳоро ба левизодагон, ки хизмати маскани Худовандро ба ҷо меоварданд, дод, чунон ки Худованд ба Мусо амр фармуда буд.

48 Ва сардороне ки бар ҳазораҳои лашкар буданд, яъне мириҳазорҳо ва мирисадҳо, назди Мусо омаданд,

49 Ва ба Мусо гуфтанд: «Бандагонат ҷанговаронеро, ки зердасти мо мебошанд, саросар дар шумор овардем, ва як нафар ҳам аз онҳо кам нашудааст;

50 Пас, мо ҳадия барои Худованд овардаем аз он чи ҳар кас аз колои тилло: занҷирҳо, дастпонаҳо, ангуштаринҳо, ҳалқаҳо ва гарданбандҳо пайдо кардааст, то ки ҷонҳои моро ба ҳузури Худованд кафорат намояд».

51 Ва Мусо ва Элъозори коҳин тилло, яъне тамоми колои санъатро аз онҳо гирифтанд.

52 Ва тамоми тиллои ҳадия, ки ба Худованд аз ҷониби мириҳазорҳо ва мирисадҳо тақдим карданд, шонздаҳ ҳазору ҳафтсаду панҷоҳ сиқл буд.

53 Ҷанговарон ҳар яке барои худ тороҷ карда буданд.

54 Ва Мусо ва Элъозори коҳин тиллоро аз мириҳазорҳо ва мирисадҳо гирифта, ба хаймаи ҷомеъ оварданд, то ки барои банӣ‐Исроил ба ҳузури Худованд ёдгорӣ бошад.

32

БОБИ СИЮ ДУЮМ

Тақсимоти замин дар он тарафи Урдун.

1 Ва банӣ‐Реубен ва банӣ‐Ҷод чорвои зиёде доштанд, ки бағоят сершумор буд; ва онҳо замини Яъзир ва замини Ҷилъодро диданд, ва инак, ин макон маконест барои чаридани чорво.

2 Ва банӣ‐Ҷод ва банӣ‐Реубен назди Мусо ва Элъозори коҳин ва раисони ҷамоат омада, гуфтанд:

3 «Аторӯт ва Дибӯн, ва Яъзир ва Нимра, ва Ҳешбӯн ва Элъоле, ва Сабом ва Набӯ, ва Баӯн,

4 Замине ки Худованд пеши ҷамоати Исроил мағлуб гардонидааст, заминест барои чаридани чорво, ва бандагонат чорводор ҳастем».

5 Ва гуфтанд: «Агар мо дар назари ту илтифот ёфта бошем, бигзор ин замин ба бандагонат ҳамчун моликият дода шавад; моро аз Урдун нагузарон».

6 Ва Мусо ба банӣ‐Ҷод ва банӣ‐Реубен гуфт: «Наход ки бародаронатон ба ҷанг раванд, вале шумо дар ин ҷо хоҳед нишаст?

7 Ва чаро дили банӣ‐Исроилро аз гузаштан ба замине ки Худованд ба онҳо додааст, хунук мекунед?

8 Падарони шумо ҳамин тавр амал карданд, вақте ки онҳоро аз Қодеш‐Барнеа барои дидани замин фиристодам:

9 Онҳо ба водии Эшкӯл расида, заминро диданд, ва дили банӣ‐Исроилро аз омадан ба замине ки Худованд ба онҳо додааст, хунук карданд.

10 Ва хашми Худованд дар он рӯз аланга зад, ва Ӯ қасам хӯрда гуфт:

11 „Ин одамоне ки аз Миср баромадаанд, аз бистола ва болотар, заминеро, ки Ман дар бораи он ба Иброҳим, Исҳоқ ва Яъқуб қасам хӯрдаам, нахоҳанд дид, зеро ки онҳо Маро пайравӣ накарданд,

12 Ғайр аз Колеб ибни Ефуннеи қаниззӣ ва Еҳушаъ ибни Нун, чунки онҳо Худовандро пайравӣ карданд“.

13 Ва хашми Худованд бар Исроил аланга зад, ва Ӯ онҳоро чил сол дар биёбон овора гардонид, то даме ки тамоми он насле ки дар назари Худованд бадӣ карда буданд, ба ҳалокат расиданд.

14 Ва инак шумо, дастпарвардагони мардуми хатокор, ба чои падарони худ бархостаед, то ки шиддати хашми Худовандро бар Исроил пурзӯр созед.

15 Агар шумо аз пайравии Ӯ даст кашед, Ӯ боз онҳоро дар биёбон хоҳад мононид, ва шумо тамоми ин қавмро ба ҳалокат хоҳед расонид».

16 Ва онҳо ба ӯ наздик омада, гуфтанд: «Мо дар ин ҷо оғилҳо барои чорвои худ ва шаҳрҳо барои кӯдакони худ бино хоҳем кард;

17 Ва худамон зуд мусаллаҳ шуда, пешопеши банӣ‐Исроил хоҳем рафт, то даме ки онҳоро ба маконашон бирасонем; ва кӯдакони мо бигзор дар шаҳрҳои ҳисордор аз сокинони замин маҳфуз бошанд;

18 Мо ба хонаҳои худ нахоҳем баргашт, то даме ки банӣ‐Исроил ҳар яке дар мулки худ ҷойгир шаванд;

19 Зеро ки мо бо онҳо дар он тарафи Урдун ва соҳили он ҳеҷ мулке нахоҳем гирифт, чунки мулки мо аз ин тарафи Урдун, аз соҳили шарқии он насиби мо гардидааст».

20 Ва Мусо ба онҳо гуфт: «Агар шумо ин корро бикунед, агар мусаллаҳ шуда, ба ҳузури Худованд ба ҷанг биравед,

21 Ва ҳар яке аз шумо мусаллаҳ шуда ба ҳузури Худованд аз Урдун убур намояд, то даме ки Ӯ душманонашро аз пеши Худ бадар ронад,

22 Ва замин ба ҳузури Худованд забт карда шавад, ва баъд аз он баргардед, — он гоҳ ба ҳузури Худованд ва ба ҳузури Исроил бегуноҳ хоҳед буд, ва ин замин ба ҳузури Худованд мулки шумо хоҳад шуд.

23 Валекин агар чунин накунед, ба ҳузури Худованд гуноҳкор хоҳед шуд, ва барои ин гуноҳатон ҷазо хоҳед ёфт.

24 Пас, шаҳрҳо барои кӯдакони худ ва оғилҳо барои гӯсфандони худ бино кунед; ва он чиро, ки аз даҳонатон баромадааст, ба амал оваред».

25 Ва банӣ‐Ҷод ва банӣ‐Реубен ба Мусо сухан ронда, гуфтанд: «Бандагонат ончунон ки оғои мо амр фармудааст, амал хоҳем кард:

26 Кӯдакони мо, занони мо, чорвои мо ва тамоми ҳайвоноти мо ин ҷо, дар шаҳрҳои Ҷилъод хоҳанд монд;

27 Ва бандагонат саросар ҳамчун ҷанговарон мусаллаҳ шуда, ба ҳузури Худованд барои ҷанг убур хоҳем кард, чунон ки оғои мо мегӯяд».

28 Ва Мусо дар бораи онҳо ба Элъозори кохин, Еҳушаъ ибни Нун ва сардорони хонаводаҳои сибтҳои банӣ‐Исроил амр фармуд;

29 Ва Мусо ба онҳо гуфт: «Агар банӣ‐Ҷод ва банӣ‐Реубен саросар барои чанг мусаллаҳ шуда, ҳамроҳи шумо ба ҳузури Худованд аз Урдун убур кунанд, ва замин пеши шумо мағлуб гардад, он гоҳ замини Ҷилъодро ба онҳо барои моликият бидиҳед;

30 Валекин агар онҳо мусаллаҳ шуда ҳамроҳи шумо убур накунанд, он гоҳ дар миёни шумо дар замини Канъон мулк хоҳанд гирифт».

31 Ва банӣ‐Ҷод ва банӣ‐Реубен ҷавоб гардонида, гуфтанд: «Чунон ки Худованд ба бандагонат гуфтааст, ончунон хоҳем кард;

32 Мо мусаллаҳ шуда ба ҳузури Худованд ба замини Канъон убур хоҳем кард, агар мулки насиби мо дар ин тарафи Урдун дода шавад».

33 Ва Мусо ба онҳо, яъне ба банӣ‐Ҷод ва банӣ‐Реубен ва нисфи сибти Менашше ибни Юсуф, мамлакати Сиҳӯн, подшоҳи амӯриён, ва мамлакати Ӯҷ, подшоҳи Бошонро дод, яъне заминро бо шаҳрҳое ки дар ҳудуди он буд, — бо шаҳрҳои гирду атрофи он.

34 Ва банӣ‐Ҷод Дибӯн, ва Аторӯт, ва Арӯэр,

35 Ва Атрӯт‐Шӯфон, ва Яъзир, ва Ёҷбеҳо,

36 Ва Байт‐Нимра, ва Байт‐Ҳоронро бино карданд, ки шаҳрҳои ҳисордор буд, ва оғилҳо барои гӯсфандон дошт.

37 Ва банӣ‐Реубен Ҳешбӯн ва Элъоле, ва Қирьётоим,

38 Ва Набӯ, ва Баал‐Маӯн, ки номи ин ду шаҳрро тағьир доданд, ва Сибморо бино карданд; ва ба шаҳрҳое ки бино карданд, ном ниҳоданд.

39 Ва банӣ‐Мокир ибни Менашше ба Ҷилъод рафта, онро забт карданд, ва амӯриёнро, ки дар он буданд, бадар ронданд.

40 Ва Мусо Ҷилъодро ба Мокир ибни Менашше дод, ва ӯ дар он сокин шуд.

41 Ва Ёир ибни Менашше рафта, қасабаҳои онҳоро забт кард, ва ба онҳо деҳоти Ёир ном монд.

42 Ва Нӯбаҳ рафта, Қанот ва деҳоташро забт кард; ва онро ба номи худ Нӯбаҳ ном монд.

33

БОБИ СИЮ СЕЮМ

Такрори мухтасари ҳикояти сафарҳо аз Миср то Урдун

1 Ин аст сафарҳои банӣ‐Исроил, ки аз Миср бар ҳасби фавҷҳои худ, бо сардории Мусо ва Ҳорун берун омаданд.

2 Ва Мусо ҷойҳои баромади онҳоро барои сафарҳошон, ки ба фармони Худованд ба амал оварданд, навишт; ва ин аст сафарҳои онҳо бар ҳасби ҷойҳои баромадашон:

3 Ва онҳо аз Раамсис дар моҳи якум, дар рӯзи понздаҳуми моҳи якум кӯч карданд; фардои фисҳ банӣ‐Исроил бо дасти баланд, пеши назари ҳамаи мисриён берун омаданд.

4 Ва мисриён ҳамаи нахустзодагонро, ки Худованд дар миёни онҳо кушта буд, гӯр мекарданд; ва бар худоёни онҳо Худованд доварӣ намуд.

5 Ва банӣ‐Исроил аз Раамсис кӯч карда, дар Суккӯт ӯрду заданд.

6 Ва аз Суккӯт кӯч карда, дар Этом, ки дар канори биёбон аст, ӯрду заданд.

7 Ва аз Этом кӯч карда, ба Фӣ‐Ҳаҳирӯт, ки пеши Баал‐Сафӯн аст, баргаштанд, ва пеши Миҷдӯл ӯрду заданд.

8 Ва аз Фӣ‐Ҳаҳирӯт кӯч карда, аз даруни баҳр ба биёбон убур карданд; ва дар биёбони Этом се рӯз роҳ паймуда, дар Мора ӯрду заданд.

9 Ва аз Мора кӯч карда, ба Элим расиданд; ва дар Элим дувоздаҳ чашмаи об ва ҳафтод дарахти хурмо буд, ва дар он ҷо ӯрду заданд.

10 Ва аз Элим кӯч карда, назди баҳри Қулзум ӯрду заданд.

11 Ва аз баҳри Қулзум кӯч карда, дар биёбони Син ӯрду заданд.

12 Ва аз биёбони Син кӯч карда, дар Дофқо ӯрду заданд.

13 Ва аз Дофқо кӯч карда, дар Олуш ӯрду заданд.

14 Ва аз Олуш кӯч карда, дар Рафидим ӯрду заданд; ва дар он ҷо об набуд, ки қавм бинӯшанд.

15 Ва аз Рафидим кӯч карда, дар биёбони Сино ӯрду заданд.

16 Ва аз биёбони Сино кӯч карда, дар Қибрӯт‐Ҳатааво ӯрду заданд.

17 Ва аз Қибрӯт‐Ҳатааво кӯч карда, дар Ҳасирӯт ӯрду заданд.

18 Ва аз Ҳасирӯт кӯч карда, дар Ритмо ӯрду заданд.

19 Ва аз Ритмо кӯч карда, дар Риммӯн‐Форас ӯрду заданд.

20 Ва аз Риммӯн‐Форас кӯч карда, дар Либно ӯрду заданд.

21 Ва аз Либно кӯч карда, дар Риссо ӯрду заданд.

22 Ва аз Риссо кӯч карда, дар Қаҳелото ӯрду заданд.

23 Ва аз Қаҳелото кӯч карда, дар Ҳар‐Шофар ӯрду заданд.

24 Ва аз Ҳар‐Шофар кӯч карда, дар Ҳародо ӯрду заданд.

25 Ва аз Ҳародо кӯч карда, дар Мақҳелӯт ӯрду заданд.

26 Ва аз Мақҳелӯт кӯч карда, дар Тоҳат ӯрду заданд.

27 Ва аз Тоҳат кӯч карда, дар Тораҳ ӯрду заданд.

28 Ва аз Тораҳ кӯч карда, дар Митқо ӯрду заданд.

29 Ва аз Митқо кӯч карда, дар Ҳашмӯно ӯрду заданд.

30 Ва аз Ҳашмӯно кӯч карда, дар Мӯсирӯт ӯрду заданд.

31 Ва аз Мӯсирӯт кӯч карда, дар Банӣ‐Яъқон ӯрду заданд.

32 Ва аз Банӣ‐Яъқон кӯч карда, дар Ҳӯр‐Ҳаҷидҷод ӯрду заданд.

33 Ва аз Ҳӯр‐Ҳаҷидҷод кӯч карда, дар Ётвото ӯрду заданд.

34 Ва аз Ётвото кӯч карда, дар Абрӯно ӯрду заданд.

35 Ва аз Абрӯно кӯч карда, дар Эсьйӯн‐Ҷобар ӯрду заданд.

36 Ва аз Эсьйӯн‐Ҷобар кӯч карда, дар биёбони Син, ки Қодеш бошад, ӯрду заданд.

37 Ва аз Қодеш кӯч карда, дар кӯҳи Ҳӯр, ки дар канори замини Адӯм аст, ӯрду заданд.

38 Ва Ҳоруни коҳин бар тибқи фармони Худованд бар кӯҳи Ҳӯр баромада, дар соли чилуми берун омадани банӣ‐Исроил аз замини Миср, дар моҳи панҷум, дар рӯзи якуми моҳ дар он ҷо вафот ёфт.

39 Ва Ҳорун саду бисту сесола буд, ки дар кӯҳи Ҳӯр мурд.

40 Ва Канъонӣ, подшоҳи Арод, ки дар ҷануби замини Канъон сокин буд, аз омадани банӣ‐Исроил хабар ёфт.

41 Ва аз кӯҳи Ҳӯр кӯч карда, дар Салмӯна ӯрду заданд.

42 Ва аз Салмӯна кӯч карда, дар Фунӯн ӯрду заданд.

43 Ва аз Фунӯн кӯч карда, дар Ӯбӯт ӯрду заданд.

44 Ва аз Ӯбӯт кӯч карда, дар Ийе‐Аборим, дар ҳудуди Мӯоб ӯрду заданд.

45 Ва аз Ийим кӯч карда, дар Дибӯн‐Ҷод ӯрду заданд.

46 Ва аз Дибӯн‐Ҷод кӯч карда, дар Алмӯн‐Диблотоймо ӯрду заданд.

47 Ва аз Алмӯн‐Диблотоймо кӯч карда, дар кӯҳҳои Аборим, пеши Набӯ ӯрду заданд.

48 Ва аз кӯҳҳои Аборим кӯч карда, дар даштҳои Мӯоб, назди Урдун, дар рӯ ба рӯи Ериҳӯ ӯрду заданд.

49 Ва назди Урдун, аз Байт‐Ешимӯт то Обил‐Шиттим, дар даштҳои Мӯоб ӯрду заданд.

Дастур дар бораи тасарруфи замин.

50 Ва Худованд ба Мусо дар даштҳои Мӯоб, назди Урдун, дар рӯ ба рӯи Ериҳӯ сухан ронда, гуфт:

51 «Ба банӣ‐Исроил сухан ронда, ба онҳо бигӯ: вақте ки шумо аз Урдун ба замини Канъон убур намоед,

52 Ҳамаи сокинони он заминро аз пеши худ бадар биронед, ва ҳамаи ҳайкалҳои нақшини онҳоро нест кунед, ва ҳамаи бутҳои рехтаи онҳоро бишканед, ва ҳамаи баландиҳои онҳоро хароб кунед.

53 Ва заминро ба тасарруфи худ дароварда, дар он сокин шавед, зеро ки Ман ин заминро ба шумо додам, то ки онро тасарруф намоед.

54 Ва заминро ба воситаи қуръа ба қабилаҳои худ ҳамчун мулк тақсим кунед: ба онҳое ки сершуморанд, мулкашонро бештар бидиҳед, ба онҳое ки камшуморанд, мулкашонро камтар бидиҳед; маконе ки мувофиқи қуръа ба касе барояд, аз они вай хоҳад буд; амлокро бар ҳасби сибтҳои падарони худ бигиред.

55 Валекин агар шумо сокинони заминро аз пеши худ бадар наронед, касоне ки шумо аз миёни онҳо боқӣ мегузоред, мисли милҳо дар чашмони шумо ва мисли хорҳо дар биқинҳои шумо хоҳанд буд, ва шуморо бар замине ки дар он сокин шудаед, ба танг хоҳанд овард.

56 Ва чунин воқеъ хоҳад шуд, ки он чи Ман ният доштам бо онҳо бикунам, бо шумо хоҳам кард».

34

БОБИ СИЮ ЧОРУМ

Тайёриҳо барои дохил шудан ба замини мавъуд.

1 Ва Худованд ба Мусо сухан ронда, гуфт:

2 «Ба банӣ‐Исроил амр фармуда, ба онҳо бигӯ: вақте ки шумо ба замини Канъон дохил шавед, ин аст замине ки ба шумо ҳамчун моликият хоҳад расид, яъне замини Канъон бо сарҳадҳояш:

3 Тарафи ҷанубии шумо аз биёбони Син дар паҳлуи Адӯм хоҳад буд; ва сарҳади ҷанубии шумо аз канори баҳри Намак ба тарафи шарқ хоҳад буд.

4 Ва сарҳади шумо аз ҷануб ҷониби Маале‐Ақрабим тоб хӯрда, сӯи Син хоҳад гузашт; ва канорҳои он аз ҷануби Қодеш‐Барнеа хоҳад буд, ва назди Ҳасар‐Аддор баромада, сӯи Асмӯн хоҳад гузашт.

5 Ва аз Асмӯн сарҳад ҷониби водии Миср тоб хоҳад хӯрд; ва канорҳояш назди баҳр хоҳад буд.

6 Ва сарҳади ғарбии шумо баҳри Бузург бо соҳили он хоҳад буд; ин сарҳади ғарбии шумост.

7 Ва сарҳади шимолии шумо чунин хоҳад буд: аз баҳри Бузург онро ҷониби кӯҳи Ҳӯр нишона намоед;

8 Аз кӯҳи Ҳӯр ҷониби даромадгоҳи Ҳамот нишона намоед; ва канорҳои сарҳад назди Садод хоҳад буд.

9 Ва сарҳад ҷониби Зифрӯн хоҳад рафт, ва канорҳояш назди Ҳасар‐Эйнон хоҳад буд; ин сарҳади шимолии шумо хоҳад буд.

10 Ва сарҳади шарқиро барои худ аз Ҳасар‐Эйнон ҷониби Шафом нишона намоед.

11 Ва сарҳад аз Шафом ҷониби Рибло, аз тарафи шаркии Ойин фурӯд хоҳад омад; ва сарҳад боз фурӯд омада, аз тарафи шарқӣ ба соҳили баҳри Кинерет хоҳад расид.

12 Ва сарҳад ҷониби Урдун фурӯд хоҳад омад; ва канорҳояш назди баҳри Намак хоҳад буд. Ҳамин замин бар ҳасби сарҳадҳояш гирдогирд аз они шумо хоҳад буд».

13 Ва Мусо ба банӣ‐Исроил амр фармуда, гуфт: «Ҳамин аст замине ки онро шумо аз рӯи қуръа тақсим хоҳед кард, ки Худованд ба нӯҳу ним сибт додани онро амр фармудааст.

14 Зеро ки сибти банӣ‐Реубен бар ҳасби хонаводаи худ, ва сибти банӣ‐Ҷод бар ҳасби хонаводаи худ, ва нисфи сибти Менашше мулки худро гирифтаанд;

15 Ин дую ним сибт мулки худро аз он тарафи Урдун, дар рӯ ба рӯи Ериҳӯ, ҷониби шарқ гирифтаанд».

16 Ва Худованд ба Мусо сухан ронда, гуфт:

17 «Ин аст номҳои касоне ки заминро барои шумо тақсим хоҳанд кард: Элъозори коҳин ва Еҳушаъ ибни Нун.

18 Ва як раисро аз ҳар сибт барои тақсим кардани замин бигиред.

19 Ва ин аст номҳои он касон: аз сибти Яҳудо — Колеб ибни Ефунне;

20 Аз сибти банӣ‐Шимъӯн — Шамуил ибни Аммиҳуд;

21 Аз сибти Биньёмин — Элидод ибни Кислӯн;

22 Аз сибти банӣ‐Дон — раис Буққӣ ибни Ёҷлӣ;

23 Аз банӣ‐Юсуф: аз сибти банӣ‐Менашше — раис Ҳанниил ибни Эфӯд;

24 Аз сибти банӣ‐Эфроим — раис Камуил ибни Шифтон;

25 Аз сибти банӣ‐Забулун — раис Элисофон ибни Фарнок;

26 Аз сибти банӣ‐Иссокор — Фалтиил ибни Аззон;

27 Аз сибти банӣ‐Ошер — раис Аҳиҳуд ибни Шалӯмӣ;

28 Аз сибти банӣ‐Нафтолӣ — раис Фадаҳъил ибни Аммиҳуд.

29 Ҳаминҳоянд, ки Худованд ба онҳо амр фармудааст, ки мулкро дар замини Канъон барои банӣ‐Исроил тақсим кунанд».

35

БОБИ СИЮ ПАНҶУМ

Дар бораи шаҳрҳои гурезгоҳ.

1 Ва Худованд ба Мусо дар даштҳои Мӯоб, назди Урдун, дар рӯ ба рӯи Ериҳӯ сухан ронда, гуфт:

2 «Ба банӣ‐Исроил амр фармо, ки аз мулки насиби худ ба левизодагон шаҳрҳо барои сукунат бидиҳанд; ва ҳаволии шаҳрҳоро гирдогирди онҳо ба левизодагон бидиҳед.

3 Шаҳрҳо барои сукунати онҳо хоҳад буд; ва ҳаволии онҳо барои чорпоёнашон ва молу мулкашон ва тамоми эҳтиёҷоти ҳаёташон хоҳад буд.

4 Ва ҳаволии шаҳрҳо, ки шумо ба левизодагон медиҳед, бояд аз девори шаҳр ба беруни он ҳазор зироъ гирдогирд бошад.

5 Ва аз беруни шаҳр ба тарафи шарқ ду ҳазор зироъ, ва ба тарафи ҷануб ду ҳазор зироъ, ва ба тарафи ғарб ду ҳазор зироъ, ва ба тарафи шимол ду ҳазор зироъ чен кунед, ва шаҳр дар миёна бошад; ин барояшон ҳаволии шаҳрҳо хоҳад буд.

6 Ва аз шаҳрҳое ки шумо ба левизодагон медиҳед, шаш шаҳри гурезгоҳ хоҳад буд, ки онҳоро шумо барои қотил ҷудо мекунед, то ки вай ба он ҷо бигрезад; ва ба иловаи онҳо чилу ду шаҳр бидиҳед.

7 Ҳамаи шаҳрҳое ки шумо ба левизодагон бояд бидиҳед, чилу ҳашт шаҳр бо ҳаволии онҳо хоҳад буд.

8 Ва ҳангоме ки шаҳрҳоро аз мулки банӣ‐Исроил медиҳед, аз сершумор бештар ва аз камшумор камтар бигиред: ҳар яке мувофиқи андозаи мулке ки мегирад, бояд аз шаҳрҳои худ ба левизодагон бидиҳад».

9 Ва Худованд ба Мусо сухан ронда, гуфт:

10 «Ба банӣ‐Исроил сухан ронда, ба онҳо бигӯ: ҳангоме ки шумо аз Урдун ба замини Канъон убур кунед, —

11 Шаҳрҳое барои худ таъин намоед, ки шаҳрҳои гурезгоҳ барои шумо бошад, ва қотиле ки касеро саҳван куштааст, ба он ҷо бигрезад.

12 Ва ин шаҳрҳо барои шумо гурезгоҳ аз хунхоҳ хоҳад буд, то ки қотил намирад пеш аз он ки ба ҳузури ҷамоат барои мурофиа биистад.

13 Аз шаҳрҳое ки шумо медиҳед, шаш шаҳри гурезгоҳ бояд бароятон бошад.

14 Се шаҳр аз ин тарафи Урдун бидиҳед, ва се шаҳр дар замини Канъон бидиҳед; онҳо бояд шаҳрҳои гурезгоҳ бошад.

15 Барои банӣ‐Исроил, ва барои ғариб, ва барои сокини доимие ки дар миёни онҳост, ин шаш шаҳр гурезгоҳ хоҳад буд, то ҳар кӣ саҳван касеро куштааст, ба он ҷо бигрезад.

16 Агар шахсе касеро бо олати оҳанин бизанад, ва он кас бимирад, вай қотил аст; ин қотил бояд ба қатл расонида шавад.

17 Ва агар вай ба дасти худ санге гирифта бизанад, — санге ки кас аз зарбаи он метавонад кушта шавад, — ва он кас бимирад, вай қотил аст; ин котил бояд ба қатл расонида шавад.

18 Ё ки агар вай ба дасти худ олати чӯбине гирифта бизанад, — олати чӯбине ки кас аз зарбаи он метавонад кушта шавад, — ва он кас бимирад, вай қотил аст; ин қотил бояд ба қатл расонида шавад.

19 Хунхоҳ худаш метавонад қотилро ба қатл расонад; ҳар гоҳ ба вай дучор ояд, худаш метавонад варо ба қатл расонад.

20 Агар шахсе аз рӯи хусумат касеро такон бидиҳад, ё қасдан бар ӯ чизе партояд, ва он кас бимирад,

21 Ё аз рӯи адоват бо дасти худ ӯро бизанад, ва он кас бимирад, — он зананда бояд ба қатл расонида шавад; вай қотил аст; хунхоҳ метавонад қотилро ба қатл расонад, вақте ки ба вай дучор ояд.

22 Вале агар нохост, бидуни адоват ӯро такон бидиҳад, ё ҳар чизеро бидуни қасд бар ӯ партояд,

23 Ё ҳар сангеро, ки кас аз зарбаи он метавонад кушта шавад, нодида бар ӯ биғалтонад, ва он кас бимирад, ва ҳол он ки вай душмани ӯ набуд ва намехост ба ӯ осебе бирасонад, —

24 Пас, ҷамоат бояд дар миёни он зананда ва хунхоҳ бар тибқи ин дастурот доварӣ намоянд;

25 Ва ҷамоат бояд қотилро аз дасти хунхоҳ халос кунанд, ва ҷамоат бояд варо ба шаҳри гурезгоҳи вай, ки ба он ҷо гурехта буд, баргардонанд, то ки вай дар он ҷо то вақти вафот ёфтани саркоҳине ки бо равғани муқаддас тадҳин карда шудааст, сокин бошад.

26 Ва агар қотил аз ҳудуди шаҳри гурезгоҳи худ, ки ба он ҷо гурехта буд, берун ояд,

27 Ва хунхоҳ варо берун аз худуди шаҳри гурезгоҳи вай биёбад, ва хунхоҳ қотилро бикушад, — айби хунрезӣ ба гардани ӯ нахоҳад буд;

28 Зеро ки вай мебоист то вақти вафот ёфтани саркоҳин дар шаҳри гурезгоҳи худ мемонд; фақат баъд аз вафоти саркоҳин қотил метавонад ба замини мулки худ баргардад.

29 Бигзор ин барои шумо дар наслҳои шумо, дар ҳамаи масканҳои шумо фаризаи қонун бошад.

30 Ҳар кӣ касеро бикушад, қотил бояд дар асоси гувоҳии шоҳидон кушта шавад; вале як шоҳид наметованд барои куштани касе гувоҳӣ диҳад.

31 Ва дар ивази ҷони қотил, ки вай шарири сазовори мурдан аст, фидия нагиред, балки вай бояд ҳатман ба қатл расонида шавад.

32 Ва аз касе ки ба шаҳри гурезгоҳи худ гурехтааст, фидия нагиред, то ки вай тавонад пеш аз вафоти саркоҳин баргашта, дар замини худ сокин шавад.

33 Ва заминеро, ки шумо дар он сукунат доред, палид накунед, зеро ки хун заминро палид мекунад; ва замин барои хуне ки дар он рехта шудааст, кафорат намеёбад, магар бо хуни касе ки онро рехтааст.

34 Ва заминеро, ки шумо дар он сукунат доред, ва Ман дар он сокин ҳастам, наҷис нагардонед; зеро Ман, ки Худованд ҳастам, дар миёни банӣ‐Исроил сукунат дорам».

36

БОБИ СИЮ ШАШУМ

Дар бораи тартиби гирифтани мерос.

1 Ва сардорони хонаводаҳои қабилаи банӣ‐Ҷилъод ибни Мокир ибни Менашше, ки аз қабилаҳои банӣ‐Юсуф буданд, наздик омада, ба ҳузури Мусо ва ба ҳузури раисон, сардорони хонаводаҳои банӣ‐Исроил сухан ронданд,

2 Ва гуфтанд: «Худованд ба оғон мо амр фармудааст, ки заминро бо қуръа тақсим карда, ба тасарруфи банӣ‐Исроил бидиҳад; ва ба оғон мо аз ҷониби Худованд амр фармуда шудааст, ки мулки бародарамон Салофҳодро ба духтарони вай бидиҳад.

3 Ва агар онҳо ба яке аз писарони сибтҳои дигари банӣ‐Исроил завҷа шаванд, мулки онҳо аз мулки падарони мо бурида гирифта мешавад, ва ба мулки сибте ки онҳо ба он дохил хоҳанд шуд, илова мегардад, ва мулки мо, ки аз рӯи қуръа гирифтаем, кам мемонад.

4 Ва ҳатто вақте ки юбили банӣ‐Исроил фаро расад, мулки онҳо ба мулки сибте ки онҳо ба он дохил хоҳанд шуд, илова мегардад; ва аз мулки сибти падарони мо мулки онҳо бурида гирифта мешавад».

5 Ва Мусо бар тибқи каломи Худованд ба банӣ‐Исроил амр фармуда, гуфт: «Сибти банӣ‐Юсуф дуруст мегӯянд.

6 Ин аст он чи Худованд дар ҳаққи духтарони Салофҳод амр фармуда гуфтааст: „Онҳо метавонанд ба ҳар марде ки ба назарашон писанд ояд, завҷа шаванд, аммо фақат дар қабилаи сибти падари худ бояд завҷа шаванд,

7 То ки мулки банӣ‐Исроил аз сибте ба сибте нагузарад; зеро ки ҳар яке аз банӣ‐Исроил бояд бо мулки сибти падарони худ вобаста бошанд.

8 Ва ҳар духтаре ки мулкеро аз сибтҳои банӣ‐Исроил мерос мегирад, бояд ба яке аз қабилаи сибти падарони худ завҷа шавад, то ки ҳар яке аз банӣ‐Исроил мулки падарони худро мерос гиранд,

9 Ва мулк аз як сибт ба сибти дигар нагузарад, балки ҳар яке аз сибтҳои банӣ‐Исроил ба мулки худ вобаста бошанд“».

10 Пас, чунон ки Худованд ба Мусо амр фармуд, духтарони Салофҳод ончунон амал карданд.

11 Ва духтарони Салофҳод — Маҳло, Тирсо, Ҳоҷло, Милко ва Нӯо ба писарони амакҳои худ завҷа шуданд.

12 Дар қабилаҳои банӣ‐Менашше ибни Юсуф онҳо завҷа шуданд; ва мулки онҳо дар сибти қабилаи падарашон боқӣ монд.

13 Ин аст аҳком ва дастуроте ки Худованд ба воситаи Мусо дар даштҳои Мӯоб, назди Урдун, дар рӯ ба рӯи Ериҳӯ ба банӣ‐Исроил амр фармудааст.