КИТОБИ

НАҲЕМЬЁ

1

БОБИ ЯКУМ

Наҳемьё аз мусибати онҳое ки дар Ерусалим боқӣ мондаанд, воқиф мегардад.

1 Суханони Наҳемьё ибни Ҳакальё. Дар моҳи кислев, дар соли бистум, вақте ки ман дар Шушани пойтахт будам, чунин воқеъ шуд,

2 Ки Ҳононӣ, яке аз бародаронам, омад, ва бо ӯ касоне чанд аз Яҳудо буданд; ва ман аз онҳо дар бораи яҳудиёни растагор, ки аз асирӣ боқӣ монда буданд, ва дар бораи Ерусалим пурсупос намудам.

3 Ва онҳо ба ман гуфтанд: «Боқӣ мондагон, — онҳое ки аз асирӣ боқӣ мондаанд, — он ҷо, дар мамлакат, дар мусибати бузург ва дар хорузорӣ мебошанд; ва ҳисори Ерусалим хароб шудааст, ва дарвозаҳояш ба оташ сӯхтааст».

4 Ва ҳамин ки ин суханонро шунидам, нишаста, гирья кардам ва чандин рӯз мотам гирифтам, ва рӯза дошта, ба ҳузури Худои осмон дуо хондам,

Дуои Наҳемьё.

5 Ва гуфтам: «Лутфан, эй Худованд, Худои осмон, Худои азим ва саҳмгин, ки аҳд ва марҳаматро бар онҳое ки Туро дӯст медоранд ва аҳкоми Туро ба ҷо меоваранд, нигоҳ медорӣ!

6 Хоҳишмандам, ки гӯшҳои Ту бодиққат ва чашмони Ту воз бошад, то дуои бандаи худро, ки ман ба ҳузури Ту дар ин вақт, рӯзона ва шабона, дар бораи бандагонат банӣ‐Исроил мегӯям, бишнавӣ, ва ман гуноҳҳои банӣ‐Исроилро, ки пеши Ту ба амал овардаем, эътироф менамоям: ҳам ман ва ҳам хонадони падари ман гуноҳ кардаем.

7 Мо пеши Ту гуноҳкор шудаем, ва аҳкому фароизу дастурҳоеро, ки ба бандаи Худ Мусо фармудаӣ, риоят накардаем.

8 Аммо каломеро, ки ба бандаи Худ Мусо амр фармудаӣ, ба ёд овар, ки гуфтаӣ: „Агар шумо хиёнат намоед, Ман шуморо дар миёни қавмҳо пароканда хоҳам кард;

9 Ва ҳар гоҳ ба сӯи ман руҷӯъ намоед, ва аҳкоми Маро риоят кунед ва онҳоро ба ҷо оваред, ҳатто агар парокандагони шумо дар ақсои осмон бошанд ҳам, онҳоро аз он ҷо ҷамъ хоҳам кард ва ба маконе ки онро баргузидаам, то исми Худро дар он ҷо сокин гардонам, хоҳам овард“.

10 Ва онҳо, охир, бандагони Ту ва қавми Ту ҳастанд, ки онҳоро бо қуввати азими Худ ва бо дасти қавии Худ раҳонидаӣ!

11 Лутфан, эй Худованд! Хоҳишмандам, ки гӯши Ту ба дуои бандаат ва ба дуои бандагонат, ки муштоқони ҷалоли исми Ту ҳастанд, бодиққат бошад; ва хоҳишмандам, ки бандаи Худро имрӯз комьёб созӣ, ва ӯро ба ҳузури ин шахс сазовори марҳамат гардонӣ». — Ва ман соқии подшоҳ будам.

2

БОБИ ДУЮМ

Артаҳшасто Наҳемьёро ба Ерусалим мефиристад.

1 Ва дар моҳи нисон, дар соли бистуми подшоҳ Артаҳшасто, воқеъ шуд, ки пеши ӯ шароб буд, ва ман шаробро гирифта, ба подшоҳ додам, ва пеш аз ин дар ҳузури ӯ ғамгин набудам.

2 Вале подшоҳ ба ман гуфт: «Чаро чеҳраат ғамгин аст, ва ҳол он ки ту бемор нестӣ? Магар ки андешаи баде дар дил дорӣ!» Ва ман хело сахт тарсидам,

3 Ва ба подшоҳ гуфтам: «Бигзор подшоҳ то абад зинда бод! Чаро чеҳраи ман ғамгин набошад, дар сурате ки шаҳри қабристони падаронам харобазор гардидааст, ва дарвозаҳояш ба оташ сӯхтааст».

4 Ва подшоҳ ба ман гуфт: «Пас ту чӣ металабӣ?» Ва ман ба Худои осмон дуо хондам,

5 Ва ба подшоҳ гуфтам: «Агар ба подшоҳ мақбул афтад, ва агар бандаи ту дар ҳузури ту илтифот ёбад, маро ба Яҳудия, ба шаҳри қабрҳои падаронам бифирист, то ки онро бино намоям».

6 Ва подшоҳ ба ман гуфт, дар сурате ки малика дар паҳлуи ӯ нишаста буд: «Сафари ту то кай тӯл хоҳад кашид, ва кай хоҳӣ баргашт?» Ва подшоҳ салоҳ донист, ки маро бифиристад, ҳамин ки мӯҳлатро ба ӯ фаҳмондам.

7 Ва ба подшоҳ гуфтам: «Агар ба подшоҳ мақбул афтад, бигзор ба ман номаҳо барои волиёни Мовароуннаҳр навишта диҳанд, то ки онҳо маро гусел намоянд то даме ки ба Яҳудия бирасам,

8 Ва номае барои Ософ, ки нозири ҷангалҳои подшоҳ аст, то ки вай ба ман барои дарвозаҳои қалъаи назди маъбад, ва барои ҳисори шаҳр, ва барои хонае ки ман дар он маскан хоҳам гирифт, чӯбу тахта бидиҳад». Ва подшоҳ бар тибқи дасти некӯи Худои ман, ки бар ман буд, ин чизҳоро ба ман дод.

9 Ва чун назди волиёни Мовароуннаҳр омадам, номаҳои подшоҳро ба онҳо додам; ва подшоҳ саркардагон ва саворонро ҳамроҳи ман фиристода буд.

10 Ва ҳангоме ки Санбалати ҳӯрӯнӣ ва Тубиёи сардори аммӯнӣ инро шуниданд, ба онҳо бисьёр бад расид, ки шахсе омадааст, то ба некии банӣ‐Исроил ғамхорӣ намояд.

Наҳемьё ҳисори харобшударо аз назар мегузаронад ва сокинонро барои бино кардани он илҳом медиҳад.

11 Ва чун ба Ерусалим расидам, дар он ҷо се рӯз истодам.

12 Ва шабона бо якҷоягии якчанд одаме ки бо ман буданд, бархостам, ва ба касе нагуфтам, ки Худои ман дар дили ман чӣ ниҳодааст, то барои Ерусалим бикунам; ва чорпое бо ман набуд, ба ҷуз чорпое ки бар он савор будам.

13 Ва шабона аз дарвозаи Водӣ берун омада, сӯи чашмаи Аждаҳо ва сӯи дарвозаи Хокрӯба равона шудам ва ҳисори Ерусалимро, ки хароб шуда буд, ва дарвозаҳои онро, ки ба оташ сӯхта буд, аз назар гузарондам.

14 Ва аз пеши дарвозаи Чашма ва ҳавзи подшоҳ гузаштам, ва барои гузаштани чорпое ки дар таги ман буд, ҷое набуд.

15 Ва ман шабона ба канори рӯд баромада, ҳисорро аз назар гузарондам, ва боз назди дарвозаи Водӣ омадам, ва баргаштам.

16 Ва сардорон надонистанд, ки ман куҷо рафтаам ва чӣ кор кардаам: ба яҳудиён, ва коҳинон, ва калоншавандагон, ва сардорон, ва дигар коркунон то ҳол чизе нагуфта будам.

17 Ва ба онҳо гуфтам: «Мусибатеро, ки мо дар он мебошем, ки Ерусалим хароб шудааст ва дарвозаҳояш ба оташ сӯхтааст, шумо мебинед. Пас биёед, ҳисори Ерусалимро бино кунем, ва дигар дар залолат набошем!»

18 Ва ба онҳо дар бораи дасти некӯи Худои ман, ки бар ман аст, ва дар бораи суханоне ки подшоҳ ба ман гуфт, ҳикоят кардам. Ва онҳо гуфтанд: «Бархезем ва бино кунем!» Ва дастҳои худро барои кори нек қавӣ карданд.

19 Ва ҳангоме ки Санбалати ҳӯрӯнӣ ва Тубиёи сардори аммӯнӣ ва Ҷашами арабӣ инро шуниданд, моро истеҳзо карданд ва моро таҳқир намуда, гуфтанд: «Ин чӣ кор аст, ки шумо мекунед? Оё шумо бар зидди подшоҳ балво мебардоред?»

20 Ва ман ба онҳо ҷавоб гардонда, гуфтам: «Худои осмон моро комьёб хоҳад кард, ва мо, ки бандагони Ӯ ҳастем, бархоста, бино хоҳем намуд; вале шуморо насибе ва ҳаққе ва зикре дар Ерусалим нест».

3

БОБИ СЕЮМ

Дар бораи иштироккунандагони бинокорӣ.

1 Ва Эльёшиби саркоҳин ва бародаронаш коҳинон бархоста, дарвозаи Гӯсфандро бино карданд; онҳо онро тақдис карда, дарҳояшро шинонданд, ва онро то бурҷи Меоҳ ва то бурҷи Ҳананъил тақдис карданд.

2 Ва дар паҳлуи ӯ мардуми Ериҳӯ бино карданд, ва дар паҳлуи онҳо Закку ибни Имрӣ бино кард.

3 Ва дарвозаи Моҳиро зодагони Ҳаснооҳ бино карданд; онҳо сақфи онро тахтапӯш намуда, дарҳо, қуфлҳо ва ғалақаҳояшро шинонданд.

4 Ва дар паҳлуи онҳо Маримут ибни Уриё ибни Ҳаққӯс таъмир намуд; ва дар паҳлуи онҳо Машуллом ибни Баракьё ибни Машизабъил таъмир намуд; ва дар паҳлуи онҳо Содӯқ ибни Баано таъмир намуд.

5 Ва дар паҳлуи онҳо тақӯиён таъмир карданд, вале акобирашон гардани онҳоро ба хизмати оғоёнашон наниҳоданд.

6 Ва дарвозаи Кӯҳнаро Юёдоқ ибни Фосеҳо ва Машуллом ибни Басудьё таъмир карданд; онҳо сақфи онро тахтапӯш намуда, дарҳо, қуфлҳо ва ғалақаҳояшро шинонданд.

7 Ва дар паҳлуи онҳо Малатьёи ҷибъӯнӣ ва Ёдуни мирӯнӯтӣ бо мардуми Ҷибъӯн ва Мисфо то ҳудуди нишастангоҳи волии Мовароуннаҳр таъмир карданд.

8 Ва дар паҳлуи онҳо Узиил ибни Ҳарҳаё, ки аз заргарон буд, таъмир намуд; ва дар паҳлуи ӯ Ҳананьё, ки аз атторон буд, таъмир намуд; ва онҳо Ерусалимро то ҳисори фарохи он мустаҳкам карданд.

9 Ва дар паҳлуи онҳо Рафоё ибни Ҳур, ки сарвари нисфи ноҳияи Ерусалим буд, таъмир намуд.

10 Ва дар паҳлуи онҳо Ядоё ибни Ҳарумаф дар рӯ ба рӯи хонаи худ таъмир намуд; ва дар паҳлуи ӯ Ҳаттуш ибни Ҳашабнаё таъмир намуд.

11 Қисми дигари ин ҷоро Малкиё ибни Ҳорим ва Ҳашшуб ибни ҳокими Мӯоб таъмир карданд, ки онҳо таъмири бурҷи Танӯрро низ ба зиммаи худ гирифта буданд.

12 Ва дар паҳлуи онҳо Шаллум ибни Ҳаллуҳиш, ки сарвари нисфи ноҳияи Ерусалим буд, таъмир намуд; худаш ва духтаронаш.

13 Дарвозаи Водиро Ҳонун ва сокинони Зонуҳа таъмир карданд; онҳо онро бино намуда, дарҳо, қуфлҳо ва ғалақаҳояшро шинонданд; ва ҳазор зирои ҳисорро низ то дарвозаи Хокрӯба.

14 Ва дарвозаи Хокрӯбаро Малкиё ибни Рикоб, ки сарвари ноҳияи Байт‐Корим буд, таъмир намуд; ӯ онро бино карда, дарҳо, қуфлҳо ва ғалақаҳояшро шинонд.

15 Ва дарвозаи Чашмаро Шаллун ибни Колҳуза, ки сарвари ноҳияи Мисфо буд, таъмир намуд; ӯ онро бино карда ва боме бар он сохта, дарҳо, қуфлҳо ва ғалақаҳояшро шинонд, ва ҳисори ҳавзи Шелаҳро назди боғи подшоҳ низ то зинапояе ки аз шаҳри Довуд фуруд меояд.

16 Аз паси ӯ Наҳемьё ибни Азбуқ, ки сарвари нисфи ноҳияи Байт‐Сур буд, то рӯ ба рӯи қабрҳои Довуд, ва то ҳавзи сунъӣ, ва то Хонаи паҳлавонон таъмир намуд.

17 Аз паси ӯ левизодагон таъмир карданд: Раҳум ибни Бонӣ; дар паҳлуи ӯ Ҳашабьё, ки сарвари нисфи ноҳияи Қаило буд, барои ноҳияи худ таъмир намуд.

18 Аз паси ӯ бародарони онҳо таъмир карданд: Баввай ибни Ҳенодод, ки сарвари нисфи ноҳияи Қаило буд.

19 Ва дар паҳлуи ӯ Эзер ибни Ешуа, ки сарвари Мисфо буд, қисми дигарро дар рӯ ба рӯи зинапояи қӯрхона назди гӯшаи ҳисор таъмир намуд.

20 Аз паси ӯ Борук ибни Заббай ғайратмандона қисми дигарро аз гӯшаи ҳисор то дари хонаи Эльёшиби саркоҳин таъмир намуд.

21 Аз паси ӯ Маримут ибни Уриё ибни Ҳаққӯс қисми дигарро аз дари хонаи Эльёшиб то охири ҳонаи Эльёшиб таъмир намуд.

22 Ва аз паси ӯ коҳинон, ки аз аҳли даштрӯя буданд, таъмир карданд.

23 Аз паси онҳо Биньёмин ва Ҳашшуб дар рӯ ба рӯи хонаи худ таъмир карданд; аз паси онҳо Азарьё ибни Маасиё, ибни Ананьё, дар наздикии хонаи худ таъмир намуд.

24 Аз паси ӯ Биннуй ибни Ҳенодод қисми дигарро аз хонаи Азарьё то гӯшаи ҳисор ва то бурҷи он гӯша таъмир намуд.

25 Фолол ибни Узай — аз рӯ ба рӯи гӯша ва бурҷе ки аз хонаи болоии подшоҳ берун мебаромад ва ба саҳни посгоҳ тааллуқ дошт; аз паси ӯ — Фадоё ибни Фаръуш.

26 Ва тобеоне ки дар Ӯфал сокин буданд, — то рӯ ба рӯи дарвозаи Об, ба сӯи шарқ ва бурҷи берунӣ.

27 Аз паси онҳо тақӯиён қисми дигарро аз рӯ ба рӯи бурҷи калони берунӣ то ҳисори бурҷи Ӯфал таъмир карданд.

28 Аз болотари дарвозаи Аспон коҳинон, ҳар яке дар рӯ ба рӯи хонаи худ, таъмир карданд.

29 Аз паси онҳо Содӯқ ибни Иммир дар рӯ ба рӯи хонаи худ таъмир намуд; ва аз паси ӯ Шамаъё ибни Шаканьё, ки посбони дарвозаи шарқӣ буд, таъмир намуд.

30 Аз паси ӯ Ҳананьё ибни Шаламьё ва Ҳонун ибни Солоф, ки писари шашум буд, қисми дигарро таъмир карданд; аз паси онҳо Машуллом ибни Баракьё дар рӯ ба рӯи маскани худ таъмир намуд.

31 Аз паси ӯ Малкиё, ки аз аҳли заргарон буд, то хонаҳои тобеон ва тоҷирон, дар рӯ ба рӯи дарвозаи Мифқод, ва то зинапояи бурҷ таъмир намуд.

32 Ва дар мобайни зинапояи бурҷ ва дарвозаи Гӯсфанд заргарон ва тоҷирон таъмир карданд.

4

БОБИ ЧОРУМ

Истеҳзоҳои бадхоҳон.

1 Ва чун Санбалат шунид, ки мо ҳисорро бино мекунем, ӯ ба хашм омад ва бисьёр ғазабнок шуд, ва яҳудиёнро тамасхур кард;

2 Ва дар ҳузури бародаронаш ва қӯшуни Сомария сухан ронд, ва чунин гуфт: «Ин яҳудиёни ҳақир чӣ мекунанд? Оё онҳоро мегузоранд, ки комьёб шаванд? Оё онҳо ба забҳ кардан ноил мегарданд? Оё онҳо ягон рӯз ин корро метавонанд ба анҷом расонанд? Оё онҳо ин сангҳоро аз миёни хоктӯдаҳо метавонанд аз нав зинда кунанд? Инҳо, охир, сӯхтааст!»

3 Ва Тубиёи аммӯнӣ, ки ҳамроҳи ӯ буд, чунин гуфт: «Агарчи онҳо бино мекунанд, агар шағол бар он барояд, ҳисори сангини онҳоро хароб хоҳад кард».

Наҳемьё бо дуо ҷавоб мегардонад.

4 «Бишнав, эй Худои мо, зеро ки мо хорузор шудаем, ва таҳқирҳои онҳоро ба сари худашон баргардон, ва онҳоро дар замини асирӣ гирифтори тороҷ намо!

5 Ва маъсияти онҳоро рӯпӯш накун, ва бигзор гуноҳи онҳо ба ҳузури Ту маҳв нашавад, зеро ки онҳо дар пеши бинокорон Туро хорӣ додаанд!»

6 Валекин мо сохтани ҳисорро давом додем, ва тамоми ҳисор то нисфи баландии он ба ҳам пайваст; ва дили қавм ба кор кардан ҷидду ҷаҳд дошт.

На танҳо душманон, балки худи бинокорони нобовар низ мамониат мерасонанд.

7 Ва чун Санбалат, ва Тубиё, ва арабиён, ва аммӯниён, ва ашдӯдиён шуниданд, ки таъмири ҳисори Ерусалим пеш рафта, рахнаҳояш баста мешавад, хашмашон бағоят пурзӯр шуд.

8 Ва ҳамаашон ба якҷоягӣ забон як карданд, ки омада бо Ерусалим ҷанг кунанд, ва ба қавми он халал расонанд.

9 Ва мо пеши Худои худ дуо мегуфтем, ва бар зидди онҳо рӯзу шаб посбононро гузоштем, то ки аз онҳо худро муҳофизат намоем.

10 Ва аҳли Яҳудо гуфтанд:

«Қуввати ҳаммолон суст шудааст,

ва хок ҳанӯз бисьёр аст,

ва мо наметавонем ҳисорро бино кунем».

11 Ва душманони мо мегуфтанд: «Онҳо нахоҳанд донист ва нахоҳанд дид, ки мо чӣ гуна ба миёни онҳо даромада, онҳоро мекушему корро мехобонем».

12 Ва яҳудиёне ки дар наздикии онҳо сокин буданд, омада, даҳ бор ба мо гуфтанд: «Ҳатто агар аз ҳамаи маконҳо назди мо баргардед ҳам, онҳо ҳуҷум меоваранд».

13 Ва ман қавмро дар пастхамиҳо дар ақиби ҳисор, дар миёни сахраҳо гузоштам; ва онҳоро, мувофиқи хонаводаҳои онҳо, бо шамшерҳо, найзаҳо ва камонҳои онҳо гузоштам.

14 Ва аз назар гузарондам, ва бархостам ва ба калоншавандагон ва сардорон ва бақияи қавм гуфтам: «Аз онҳо натарсед! Худованди азим ва саҳмгинро ба ёд оваред! Ва барои бародарони худ, писарон ва духтарони худ, занон ва хонаҳои худ ҷанг кунед!»

15 Ва чун душманони мо шуниданд, ки мо хабар ёфтаем, ва Худо қасди онҳоро вайрон кардааст, он гоҳ ҳамаи мо, ҳар яке ба кори худ, ба ҳисор баргаштем.

16 Ва аз ҳамон рӯз нисфи навкарони ман ба кор машғул буданд, ва нисфи дигарашон найзаҳо, сипарҳо, камонҳо ва зиреҳҳоро нигоҳ медоштанд, ва сарварон дар ақиби тамоми хонадони Яҳудо меистоданд.

17 Бинокорони ҳисор ва онҳое ки бор мекашонданд ва бор мекарданд, бо як даст кор мекарданд ва бо дасти дигар яроқ нигоҳ медоштанд.

18 Ва бинокорон ҳар яке шамшери худро бар камари худ баста буданд ва бино мекарданд, ва шохнавоз дар паҳлуи ман меистод.

19 Ва ман ба калоншавандагон ва сардорон ва бақияи қавм гуфтам: «Кор бисьёр аст ва дар сатҳи васеъ ба ҷо оварда мешавад, ва мо дар назди ҳисор пароканда ва аз якдигар дур мебошем.

20 Аз ҳар ҷо, ки садои шохро бишнавед, дар он ҷо назди мо ҷамъ шавед; Худои мо барои мо ҷанг хоҳад кард».

21 Ва мо ба кор машғул будем, ва нисфи онҳо аз шафақи субҳ то баромадани ситораҳо найзаҳоро нигоҳ медоштанд.

22 Дар он вақт ҳам ба қавм гуфтам: «Бигзор ҳар кас бо навкари худ андаруни Ерусалим хоб кунад, то шабона барои мо посбонӣ намояд ва рӯзона ба кор машғул шавад».

23 Ва ман, ва бародаронам, ва навкаронам, ва посбононе ки дар ақиби ман буданд, — ҳеҷ яке аз мо либоси худро накашидем, ва ҳар яке бо яроқи худ ба об мерафт.

5

БОБИ ПАНҶУМ

Ғавғо дар миёни қавм пурзӯр мешавад.

1 Ва қавм ва занони онҳо аз дасти бародарони яҳудии худ ғавғои азиме бардоштанд.

2 Ва баъзе буданд, ки мегуфтанд: «Мо ва писарону духтарони мо бисьёрем, ва мо орзумандем, ки гандум бигирем, то бихӯрем ва зинда монем».

3 Ва баъзе буданд, ки мегуфтанд: «Мо киштзорҳо, токзорҳо ва хонаҳои худро ба гарав гузоштаем, то ки аз боиси қаҳтӣ гандум бигирем».

4 Ва баъзе буданд, ки мегуфтанд: «Мо барои хироҷи подшоҳ дар ивази киштзорҳо ва токзорҳои худ пул қарз гирифтаем.

5 Ва алҳол, ҷисми мо мисли ҷисми бародарони мост, ва писарони мо мисли писарони онҳоянд, ва инак, мо маҷбурем писарону духтарони худро ба ғуломӣ бисупорем, ва баъзе аз духтарони мо каниз шудаанд, ва дар дасти мо имконияте нест, ки онҳоро раҳо кунем; ва киштзорҳо ва токзорҳои мо аз они дигарон шудааст».

6 Ва чун доду фарьёди онҳо ва ин суханонро шунидам, бисьёр ба хашм омадам.

7 Ва бо дили худ машварат карда, калоншавандагон ва сардоронро мазаммат намудам ва ба онҳо гуфтам: «Шумо аз бародарони худ суд мехӯред!» Ва ҷамоати бузургеро ба муқобили онҳо ҷамъ кардам,

8 Ва ба онҳо гуфтам: «Мо бародарони яҳудии худро, ки ба халқҳо фурӯхта шуда буданд, алоқадри қуввати худ фидия дода харидем, ва оё шумо бародарони худро мефурӯшед, ва оё онҳо ба мо фурӯхта мешаванд?» Ва онҳо хомӯш монда, сухане барои ҷавоб наёфтанд.

9 Ва ман гуфтам: «Коре ки шумо мекунед, нағз нест. Шумо, охир, барои пешгирӣ кардани маломати халқҳо, ки душмани мо мебошанд, бояд дар тарси Худо рафтор намоед.

10 Ва низ ман ва бародарону навкаронам ба онҳо пул ва ғалла қарз додаем; пас биёед, аз ин қарз даст кашем!

11 Худи имрӯз киштзорҳо, токзорҳо, боғҳои зайтун ва хонаҳои онҳоро, ва даъвои пул ва ғалла ва шароб ва равғанеро, ки шумо ба онҳо қарз додаед, ба онҳо баргардонед!»

12 Ва онҳо гуфтанд: «Мо ин ҷизҳоро хоҳем баргардонид ва аз онҳо чизе талаб нахоҳем кард; онҷунон ки ту мегӯӣ, амал хоҳем кард». Ва ман коҳинонро хонда, онҳоро водор намудам, ки қасам ёд кунанд, ки ҳамин тавр амал хоҳанд кард.

13 Низ домани худро афшондам ва гуфтам: «Худо ҳар касро, ки ин қавлро ба ҷо наоварад, аз хонаю ҷой ва молу мулки вай ҳамин тавр хоҳад афшонд, ва ҳамин тавр вай афшонда ва тиҳӣ хоҳад шуд!» Ва тамоми ҷамоат гуфтанд: «Омин!» Ва Худоро ҳамду сано хонданд; ва қавм ин қавлро ба ҷо оварданд.

Наҳемьё дар бобати беғаразӣ намунаи ибрат зоҳир менамояд.

14 Низ аз рӯзе ки маро амр шуд, ки волии замии Яҳудо бошам, яъне аз соли бистум то соли сиву дуюми подшоҳ Артаҳшасто, — дувоздаҳ сол, — ман ва бародаронам нони волигиро нахӯрдаем.

15 Ва ҳол он ки волиёни собиқ, ки пеш аз ман буданд, бар қавм гаронӣ мекарданд, ва аз онҳо, ба замми чил сиқл нуқра, нон ва шароб мегирифтанд; навкаронашон низ бар қавм ҳукмронӣ мекарданд. Валекин ман, аз тарси Худо, ин тавр накардам.

16 Ва низ дар кори ҳисор ман кӯмак мерасондам, дар сурате ки ҳеҷ киштзоре нахарида будам; ва ҳамаи навкаронам дар он ҷо барои кор ҷамъ мешуданд.

17 Ва яҳудиён ва сардорон, ки саду панҷоҳ нафар буданд, ва онҳое ки аз халқҳои гирду атроф назди мо меомаданд, дар сари суфраи ман буданд.

18 Ва инак он чи барои як рӯз сарф карда мешуд: як гов, шаш гӯсфанди бӯрдоқӣ; ва мурғҳо барои ман пухта мешуд; ва ҳар даҳ рӯз — ҳар навъ шароб барои касони бисьёр. Бо вуҷуди ин ман нони волигиро талаб накардам, зеро ки меҳнати гароне бар гардани ин қавм буд.

19 Эй Худои ман, ҳар он чи ман барои ин қавм ба амал овардаам, ба некӯии ман ба ёд овар!

6

БОБИ ШАШУМ

Душманон найрангбозӣ мекунанд. Устувории Наҳемьё.

1 Ва чун Санбалат ва Тубиё ва Ҷашами арабӣ ва дигар душманони мо шуниданд, ки ман ҳисорро бино кардаам, ва ҳеҷ рахнае дар он боқӣ намондааст, — агарчи то он вақт ҳам ман дарҳои дарвозаҳоро ҳанӯз нашинонда будам, —

2 Санбалат ва Ҷашам назди ман фиристода, гуфтанд: «Биё, то дар Кафирим, ки дар водии Уну мебошад, якҷоя вохӯрем». Ва онҳо қасд доштанд ба ман бадӣ кунанд.

3 Вале ман қосидон назди онҳо фиристода, гуфтам: «Ман ба кори бузурге машғул ҳастам ва наметавонам фурӯд оям. Чаро кор, вақте ки онро хобонда назди шумо фурӯд оям, ба таъхир афтад?»

4 Ва онҳо чор дафъа бо чунин суханон назди ман фиристоданд, ва ман ба онҳо чунин ҷавоб гардондам.

5 Ва Санбалат дафъаи панҷум навкари худро ба ин тарз назди ман фиристод, ва номаи кушодае дар дасташ буд.

6 Дар он навишта шуда буд: «Дар миёни халқҳо овоза шудааст, ва Ҷашам мегӯяд: „Ту ва яҳудиён қасди исьён доред, бинобар ин ту ҳисорро бино мекунӣ, ва ту мехоҳӣ подшоҳи онҳо бишавӣ . . .“ — чунин суханон.

7 Ва низ анбиёро таъин кардаӣ, то дар бораи ту дар Ерусалим эълон намуда, бигӯянд: „Подшоҳи Яҳудия!“ Ва алҳол, ин хабар ба гӯши подшоҳ хоҳад расид . . . — чунин суханон. — Ва алҳол, биё, то якҷоя машварат намоем».

8 Валекин ман назди ӯ фиристода, гуфтам: «Ҷунин суханон, ки ту мегӯӣ, ба вуқӯъ наомадааст, балки ту онҳоро аз майнаи худ бофта баровардаӣ».

9 Зеро ки ҳамаи онҳо моро тарсонда, дар дили худ мегӯянд: «Дасту дили онҳо аз кор хунук шуда, он ба ҷо оварда намешавад». Ва алҳол, дастҳоямро барои кор қавӣ гардон!

10 Ва ман ба хонаи Шамаъё ибни Далоё ибни Маҳитабъил омадам, ва ӯ дарро бар худ баста буд, ва гуфт: «Ба хонаи Худо андаруни маъбад ворид шавем, ва дарҳои маъбадро бибандем, зеро ки барои куштани ту хоҳанд омад».

11 Вале ман гуфтам: «Оё шахсе мисли ман метавонад бигрезад? Ва кист мисли ман, ки вориди маъбад шавад ва зинда монад? Ман нахоҳам рафт!»

12 Ва ман фаҳмидам, ки Худо ӯро нафиристодааст, ва он чи ӯ дар бораи ман гуфт, бар ҳасби нубувват нест, балки Тубиё ва Санбалат ӯро киро кардаанд.

13 Ӯ барои он киро карда шудааст, ки ман ба ҳарос афтам, ва ин тавр амал намоям, ва гуноҳ кунам, ва барои онҳо бадном шавам, то маро беобрӯ созанд.

14 Эй Худои ман, Тубиё ва Санбалатро мувофиқи ин аъмолашон, ва ҳамчунин Нуадьёи набия ва дигар анбиёро, ки маро метарсонданд, ба ёд овар!

15 Ва ҳисор дар рӯзи бисту панҷуми моҳи элул, дар зарфи панҷоҳу ду рӯз ба анҷом расид.

Бино кардани ҳисор анҷом ёфт.

16 Ва чун ҳамаи душманони мо инро шуниданд, ва ҳамаи халқҳои гирду атрофи мо инро диданд, — дар назари худ бағоят залил гардиданд, ва донистанд, ки ин кор аз ҷониби Худои мо ба ҷо оварда шудааст.

17 Дар ҳамон айём калоншавандагони Яхудо мактубҳои зиёде навишта ба Тубиё равона мекарданд, ва мактубҳои Тубиё ба онҳо мерасид,

18 Зеро ки бисьёре аз аҳли Яҳудо иттифоқчиёни ӯ буданд, чунки ӯ домоди Шаканьё ибни Ораҳ буд, ва писараш Еҳӯҳонон духтари Машуллом ибни Баракьёро ба занӣ гирифта буд.

19 Низ ба ҳузури ман аз аъмоли неки ӯ сухан меронданд, ва суханони маро ба ӯ хабар мебурданд. Тубиё мактубҳо мефиристод, то ки маро битарсонад.

7

БОБИ ҲАФТУМ

Таъин кардани дарбонон.

1 Ва чун ҳисор бино ёфт, ва ман дарҳояшро шинондам, ва дарбонону муғанниёну левизодагон таъин карда шуданд,

2 Ман бародарам Ҳанониро, яъне Ҳананьёи сарвари калъаро, бар Ерусалим таъин намудам, зеро ки ӯ бештар аз бисьёр касони дигар шахси амин ва худотарс буд.

3 Ва ба онҳо гуфтам: «Бигзор дарвозаҳои Ерусалимро, то офтоб гарм нашавад, воз накунанд, ва ҳанӯз ки онҳо ҳозиранд, дарҳоро баста, куфл зананд; ва бигзор аз сокинони Ерусалим посбонҳо гузошта шаванд, то ки ҳар кас дар посбонии худ ва ҳар кас дар рӯ ба рӯи хонаи худ бошад».

4 Ва шаҳр фарох ва бузург, вале қавм андаруни он кам, ва хонаҳо бино наёфта буд.

Саршумории онҳое ки дафъаи аввал омадаанд.

а) Қавми оддӣ.

5 Ва Худои ман ба дилам ниҳод, ки калоншавандагон ва сардорон ва қавмро ҷамъ оварам, то ки насабномаҳошонро муқаррар намоям. Ва дафтари насабномаи онҳоеро, ки дафъаи аввал омада буданд, пайдо кардам, ва чунин навиштае дар он ёфтам:

6 Инҳоянд сокинони мамлакат, ки аз асирии ҳиҷрат, ки Набукаднесар, подшоҳи Бобил ба асирӣ бурда буд, ба Ерусалим ва Яҳудо, ҳар яке ба шаҳри худ баргаштанд, —

7 Онҳое ки бо Зарубобил, Ешуа, Наҳемьё, Азарьё, Раамьё, Наҳамонӣ, Мордахай, Билшон, Мисперет, Биҷвай, Наҳум ва Баано омаданд. Шумораи одамони қавми Исроил:

8 Зодагони Фаръуш — ду ҳазору саду ҳафтоду ду.

9 Зодагони Шафатьё — сесаду ҳафтоду ду.

10 Зодагони Ораҳ — шашсаду панҷоҳу ду.

11 Зодагони ҳокими Мӯоб, аз фарзандони Ешуа ва Юоб — ду ҳазору ҳаштсаду ҳаждаҳ.

12 Зодагони Элом — ҳазору дусаду панҷоҳу чор.

13 Зодагони Затту — ҳаштсаду чилу панҷ.

14 Зодагони Заккой — ҳафтсаду шаст.

15 Зодагони Биннуй — шашсаду чилу ҳашт.

16 Зодагони Бебой — шашсаду бисту ҳашт.

17 Зодагони Азҷод — ду ҳазору сесаду бисту ду.

18 Зодагони Адуниқом — шашсаду шасту ҳафт.

19 Зодагони Биҷвай — ду ҳазору шасту ҳафт.

20 Зодагони Один — шашсаду панҷоҳу панҷ.

21 Зодагони Отир илова ба зодагони Ҳизқиё — наваду ҳашт.

22 Зодагони Ҳошум — сесаду бисту ҳашт.

23 Зодагони Бесой — сесаду бисту чор.

24 Зодагони Ҳориф — саду дувоздаҳ.

25 Зодагони Ҷибъӯн — наваду панҷ.

26 Мардуми Байт‐Лаҳм ва Натуфо — саду ҳаштоду ҳашт.

27 Мардуми Анотӯт — саду бисту ҳашт.

28 Мардуми Байт‐Азмавт — чилу ду.

29 Мардуми Қирьят‐Еорим, Кфиро ва Баэрӯт — ҳафтсаду чилу се.

30 Мардуми Ромо ва Ҷобаъ — шашсаду бисту як.

31 Мардуми Микмос — саду бисту ду.

32 Мардуми Байт‐Ил ва Ой — саду бисту се.

33 Мардуми Набӯи дигар — панҷоҳу ду.

34 Мардуми Эломи дигар — ҳазору дусаду панҷоҳу чор.

35 Зодагони Ҳорим — сесаду бист.

36 Зодагони Ериҳӯ — сесаду чилу панҷ.

37 Зодагони Луд, Ҳодид ва Уну — ҳафтсаду бисту як.

38 Зодагони Саноо — се ҳазору нӯҳсаду сӣ.

б) Коҳинон, левизодагон ва тобеон.

39 Коҳинон: зодагони Едаъё аз хонадони Ешуа — нӯҳсаду ҳафтоду се.

40 Зодагони Иммир — ҳазору панҷоҳу ду.

41 Зодагони Фашҳур — ҳазору дусаду чилу ҳафт.

42 Зодагони Ҳорим — ҳазору ҳафдаҳ.

43 Левизодагон: зодагони Ешуа ва Қадмиил илова ба зодагони Худво — ҳафтоду чор.

44 Муғанниён: зодагони Ософ — саду чилу ҳашт.

45 Дарбонон: зодагони Шаллум, зодагони Отир, зодагони Талмун, зодагони Аққуб, зодагони Ҳатито ва зодагони Шубой — саду сиву ҳашт.

46 Тобеон: зодагони Сиҳо, зодагони Ҳасуфо, зодагони Таббоут,

47 Зодагони Қерус, зодагони Сио, зодагони Фодун,

48 Зодагони Лабоно, зодагони Ҳаҷобо, зодагони Салмой,

49 Зодагони Ҳонон, зодагони Ҷиддил, зодагони Ҷаҳар,

50 Зодагони Раоё, зодагони Расин, зодагони Нақудо,

51 Зодагони Ҷаззом, зодагони Уззо, зодагони Фосеҳо,

52 Зодагони Бесай, зодагони Мауним, зодагони Нафишсим,

53 Зодагони Бақбуқ, зодагони Ҳақуфо, зодагони Ҳарҳур,

54 Зодагони Баслит, зодагони Маҳидо, зодагони Ҳаршо,

55 Зодагони Барқӯс, зодагони Сисро, зодагони Томаҳ,

56 Зодагони Насиҳо, зодагони Ҳатифо.

в) Наслҳои ҳамдастони Сулаймон,

ва коҳиноне ки насабнома надоштанд.

57 Зодагони ғуломони Сулаймон: зодагони Сутай, зодагони Сӯферет, зодагони Фридо,

58 Зодагони Яъло, зодагони Дарқун, зодагони Ҷиддил,

59 Зодагони Шафатьё, зодагони Ҳаттил, зодагони Фухерет‐Ҳасбоим, зодагони Омун —

60 Ҷамъи тобеон ва зодагони ғуломони Сулаймон — сесаду наваду ду.

61 Ва инҳоянд касоне ки аз Тал‐Милҳ, Тал‐Ҳаршо, Каруб‐Аддон ва Иммир баромадаанд, вале хонадон ва аслу насаби худро натавонистаанд бигӯянд, ки оё аз Исроил ҳастанд ё не:

62 Зодагони Далоё, зодагони Тубиё, зодагони Нақудо — шашсаду чилу ду.

63 Ва аз коҳинон: зодагони Ҳобайё, зодагони Ҳаққӯс — зодагони Барзилай, ки вай аз духтарони Барзилаи Ҷилъодӣ зан гирифта, бо номи онҳо хонда шудааст.

64 Инҳо насабномаи худро ҷустуҷӯ намуда, наёфта буданд, — ва аз каҳонат хориҷ карда шуданд.

Шумораи умумии онҳое ки баргаштаанд,

ва вазъияти дороии онҳо.

65 Ва волӣ ба онҳо гуфт, ки то кохине дар пеши урим ва туммим наистад, аз кудси қудсҳо нахӯранд.

66 Тамоми ин ҷамоат ба якҷоягӣ чилу ду ҳазору сесаду шаст нафар буданд,

67 Ба ғайр аз ғуломон ва канизонашон; инҳо ҳафт ҳазору сесаду сиву ҳафт нафар буданд; ва ҳамроҳашон дусаду чилу панҷ нафар муғаннӣ ва муғаннияҳо буданд.

68 Аспҳои онҳо — ҳафтсаду сиву шаш; хачирҳои онҳо — дусаду чилу панҷ;

69 Уштурҳо — чорсаду сиву панҷ; харҳо — шаш ҳазору ҳафтсаду бист.

70 Ва баъзе аз сардорони хонаводаҳо ионат барои кор доданд. Волӣ ба хазина ҳазор дирҳам тилло, панҷоҳ коса ва панҷсаду сӣ пероҳани каҳонат дод.

71 Ва аз сардорони хонаводаҳо ба хазина барои кор бист ҳазор дирҳам тилло ва ду ҳазору дусад мино нуқра доданд.

72 Ва бақияи қавм бист ҳазор дирҳам тилло, ду ҳазор мино нуқра ва шасту ҳафт пероҳани каҳонат доданд.

73 Ва коҳинон, ва левизодагон, ва дарбонон, ва муғанниён ва баъзе аз қавм, ва тобеон, ва тамоми Исроил дар шаҳрҳои худ маскан гирифтанд. Ва моҳи ҳафтум фаро расид, ва банӣ‐Исроил дар шаҳрҳои худ буданд.

8

БОБИ ҲАШТУМ

Хондан ва шарҳ додани Таврот.

1 Ва тамоми қавм, мисли як тан, дар майдони пеши дарвозаи Об ҷамъ шуданд, ва ба Эзрои китобдон гуфтанд, ки китоби Тавроти Мусоро, ки Худо ба Исроил амр фармудааст, биёрад.

2 Ва Эзрои коҳин Тавротро дар рӯзи якуми моҳи ҳафтум ба ҳузури ҷамоати иборат аз мардон ва занон ва ҳамаи онҳое ки метавонистанд бишнаванд ва бифаҳманд, овард.

3 Ва дар майдони пеши дарвозаи Об аз субҳидам то нисфи рӯз дар ҳузури мардон, занон ва онҳое ки метавонистанд бифаҳманд, онро хонд, ва гӯши тамоми қавм ба китоби Таврот буд.

4 Ва Эзрои китобдон бар минбари чӯбине ки барои ин мақсад сохта буданд, истод, ва дар паҳлуи ӯ, аз тарафи росташ, Матитьё ва Шемаъ ва Аноё ва Уриё ва Ҳилқиё ва Маасиё истоданд, ва аз тарафи чапаш — Фадоё ва Мишоил ва Малкиё ва Ҳошум ва Ҳашбадоно ва Закарьё ва Машуллом.

5 Ва Эзро китобро дар пеши назари тамоми қавм кушод, зеро ки аз тамоми қавм болотар истода буд, ва чун онро кушод, тамоми қавм бархостанд.

6 Ва Эзро Худованд Худои бузургро муборак хонд, ва тамоми қавм дастҳои худро боло бардошта, дар ҷавоб «омин, омин!» гуфтанд ва сархам намуда ва рӯ ба замин ниҳода, пеши Худованд саҷда бурданд.

7 Ва Ешуа, Бонӣ, Шарабьё, Ёмин, Аққуб, Шабтай, Ҳудиё, Маасиё, Қалито, Азарьё, Юзобод, Ҳонон, Фалоё ва левизодагон Тавротро ба қавм фаҳмонда медоданд, ва қавм дар ҷои худ истода буданд.

8 Ва китоби Тавроти Худоро батафсил хонданд ва шарҳ доданд, то он чиро, ки хонданд, бифаҳманд.

9 Ва Наҳемьё, ки волӣ бошад, ва Эзрои коҳини китобдон, ва левизодагоне ки ба қавм фаҳмонда медоданд, ба тамоми қавм гуфтанд: «Имрӯз барои Худованд Худои шумо рӯзи муқаддас аст; андӯҳгин нашавед ва гирья накунед», — чунки тамоми қавм ба шунидани суханони Таврот мегиристанд.

10 Ва ба онҳо гуфт: «Биравед, хӯрокҳои равғанин бихӯред ва шарбатҳо бинӯшед, ва ба онҳое ки чизе муҳайё накардаанд, ҳиссаҳо бифиристед, зеро ки имрӯз барои Худованди мо рӯзи муқаддас аст; ва ғамгин нашавед, чунки шод будан ба ҳузури Худованд қуввати шумост».

11 Ва левизодагон тамоми қавмро ором карда, мегуфтанд: «Сокит бошед, чунки имрӯз рӯзи муқаддас аст, ва ғамгин нашавед».

12 Ва тамоми қавм рафтанд, то ки бихӯранд ва бинӯшанд ва ҳиссаҳо бифиристанд ва хурсандии азиме бикунанд, зеро суханонеро, ки ба онҳо гуфта буданд, фаҳмиданд.

13 Ва дар рӯзи дуюм сардорони хонаводаҳои тамоми қавм, коҳинон ва левизодагон, назди Эзрои китобдон ҷамъ шуданд, то ки ба суханони Таврот гӯш диҳанд.

Аз нав барқарор кардани иди хаймаҳо.

14 Ва дар Таврот чунин навиштае ёфтанд, ки Худованд ба воситаи Мусо амр фармудааст, ки банӣ‐Исроил дар иди моҳи ҳафтум дар хаймаҳо сокин шаванд.

15 Ва аз ин рӯ дар ҳамаи шаҳрҳо ва дар Ерусалим эълон карданд ва ҷор зада, гуфтанд: «Ба кӯҳ бароед ва шохаҳои зайтуни боғӣ, ва шохаҳои зайтуни даштӣ, ва шохаҳои ос, ва шохаҳои хурмо, ва шохаҳои дарахти мурд биёред, то мувофиқи он чи навишта шудааст, хаймаҳо бисозед».

16 Ва қавм берун омаданд, ва ҳар яке бар боми худ, ва дар саҳни ҳавлии худ, ва дар саҳни хонаи Худо, ва дар майдони дарвозаи Об, ва дар майдони дарвозаи Эфроим хаймаҳо барои худ сохтанд.

17 Ва тамоми ҷамоате ки аз асирӣ баргашта буданд, хаймаҳо сохтанд, ва дар хаймаҳо сокин шуданд, зеро ки банӣ‐Исроил аз айёми Еҳушаъ ибни Нун то он рӯз чунин накарда буданд; ва шодмонии бағоят бузурге ба амал омад.

18 Ва ӯ ҳар рӯз, аз рӯзи якум то рӯзи охирин, китоби Тавроти Худоро хонд; ва ҳафт рӯз ид карданд, ва дар рӯзи ҳаштум ҷамъомади идонае бар тибқи шариат барпо гардид.

9

БОБИ НӮҲУМ

Қавм тавба карда, рӯза медоранд.

1 Ва дар рӯзи бисту чоруми ин моҳ банӣ‐Исроил ҷамъ шуданд, дар ҳолате ки рӯзадор, палос дар бар ва хок бар сар буданд.

2 Ва насли Исроил аз ҳамаи зодагони аҷнабӣ ҷудо шуданд ва истода, гуноҳҳои худашон ва маъсиятҳои падаронашонро эътироф карданд.

3 Ва дар ҷойҳои худ истода, чорьяки рӯз китоби Тавроти Худованд Худои худро хонданд, ва чорьяки рӯз гуноҳҳоро эътироф намуда, Худованд Худои худро парастиш карданд.

Изҳори эътиқоди коҳинон ва левизодагон.

4 Ва Ешуа, ва Бонӣ, ва Қадмиил, ва Шабаньё, ва Буннӣ, ва Шарабьё, ва Бонӣ, ва Канонӣ бар минбари левизодагон истода, бо овози баланд ба хузури Худованд Худои худ фарьёд заданд.

5 Ва левизодагон — Ешуа, ва Қадмиил, ва Бонӣ, ва Ҳашабниё, ва Шарабьё, ва Ҳудиё, ва Шабаньё, ва Фатаҳьё — гуфтанд: «Бархезед ва Худованд Худои худро аз азал то абад

муборак бихонед!

Ва исми ҷалоли Туро, ки аз тамоми баракот

ва ҳамду сано болотар аст, муборак хоҳанд хонд!

6 Танҳо Ту Худованд ҳастӣ,

Ту осмон, фалакулафлок ва тамоми лашкари онҳоро,

замин ва ҳар чиро, ки бар он аст,

баҳрҳо ва ҳар чиро, ки дар онҳост, ба вуҷуд овардаӣ,

ва Ту ба ҳамаи онҳо ҳаёт мебахшӣ,

ва лашкари афлок ба Ту саҷда мекунанд.

7 Ту Он Худованд Худо ҳастӣ,

ки Абромро баргузидӣ,

ва ӯро аз Ур‐Касдим берун овардӣ,

ва ба ӯ исми Иброҳимро додӣ.

8 Ва дили ӯро ба ҳузури Худ амин ёфта,

бо ӯ аҳд бастӣ, ки замини канъониён,

ҳиттиён, амӯриён, фариззиён, ябусиён ва ҷирҷошиёнро бидиҳӣ, —

ба насли ӯ бидиҳӣ;

ва қавли Худро ба ҷо овардӣ,

зеро ки Ту одил ҳастӣ.

9 Ва мусибати падарони моро дар Миср дидӣ,

ва фарьёди онҳоро назди баҳри Қулзум шунидӣ,

10 Ва бар фиръавн, бар ҳамаи ғуломони ӯ

ва бар тамоми қавми замини ӯ аломот ва мӯъҷизот зоҳир намудӣ,

зеро медонистӣ, ки бар падарони мо ситам мекарданд,

ва барои Худ исм пайдо кардӣ, чунон ки имрӯз низ маълум аст.

11 Ва баҳрро пеши онҳо пора кардӣ,

ва онҳо андаруни баҳр ба хушкӣ гузаштанд,

ва таъқибкунандагони онҳоро дар умқҳои баҳр,

мисли санге дар оби чуқур, андохтӣ.

12 Ва онҳоро рӯзона дар сутуни абр

ва шабона дар сутуни оташ бурдӣ,

то роҳеро, ки дар он бояд бираванд,

равшан намоӣ.

13 Ва бар кӯҳи Сино фурӯд омадӣ,

ва бо онҳо аз осмон сухан рондӣ,

ва қонунҳои барҳақ, дастурҳои рост,

фароиз ва аҳкоми некӯ ба онҳо додӣ.

14 Ва шанбеи муқаддаси Худро ба онҳо маълум кардӣ,

ва аҳкому фароизу қонунҳо ба воситаи бандаи

Худ Мусо ба онҳо амр фармудӣ.

15 Ва нон аз осмон ба онҳо аз баҳри гуруснагиашон додӣ,

ва об аз сахра ба онҳо аз баҳри ташнагиашон берун овардӣ,

ва ба онҳо гуфтӣ, ки омада заминеро мерос гиранд,

ки Ту бо дасти барафроштаи Худ қасам хӯрда будӣ,

ки онро ба онҳо бидиҳӣ.

16 Вале онҳо, падарони мо, рафтори шарирона намуда,

гарданкашӣ карданд ва ба аҳкоми Ту гӯш надоданд,

17 Ва аз гӯш додан сар тофтанд,

ва мӯъҷизоти Туро, ки барои онҳо ба амал овардӣ,

ба ёд наоварданд, ва гарданкашӣ карданд, ва исьён бардошта,

пешвоеро барои худ баргузиданд, то ки ба ғуломии худ баргарданд;

вале Ту Худои ғаффор, карим ва раҳим,

собир ва пур аз эҳсон ҳастӣ, ва онҳоро тарк накардӣ.

18 Гарчанде ки онҳо гӯсолаи рехтае барои худ сохтанд ва гуфтанд: „Ин аст худои ту,

ки туро аз Миср берун овард“,

ва куфрҳои азиме ба амал оварданд,

19 Вале Ту, бар ҳасби марҳамати бузурги Худ,

онҳоро дар биёбон тарк накардӣ:

сутуни абре ки рӯзона роҳро ба онҳо нишон медод,

аз болои онҳо дур нашуд;

ва сутуни оташ низ, ки шабона роҳеро, ки бояд бо он бираванд, барои онҳо равшан мекард.

20 Ва рӯҳи некӯи Худро барои омӯхтани онҳо додӣ,

ва манни Худро аз даҳони онҳо кашида нагирифтӣ,

ва об ба онҳо барои ташнагиашон додӣ.

21 Ва чил сол дар биёбон ба онҳо ғизо додӣ — ба чизе эҳтиёҷ надоштанд;

либоси онҳо кӯҳна нашуд, ва пойҳои онҳо варам накард.

22 Ва мамлакатҳо ва қавмҳоро ба онҳо дода,

он қавмҳоро ба ҳар гӯша пароканда намудӣ;

ва онҳо замини Сиҳӯн — замини подшоҳи Ҳешбӯн,

ва замини Ӯҷ, подшоҳи Бошонро мерос гирифтанд.

23 Ва писарони онҳоро мисли ситораҳои осмон афзун кардӣ,

ва онҳоро ба замине овардӣ,

ки ба падаронашон гуфта будӣ, ки омада онро мерос хоҳанд гирифт.

24 Ва писаронашон омада, он заминро мерос гирифтанд,

ва Ту канъониёнро, ки сокинони он замин буданд,

пеши онҳо мағлуб намуда, бо подшоҳонашон ва қавмҳои он замин ба дасти онҳо супурдӣ,

то ки ба дилхоҳи худ бо онҳо рафтор кунанд.

25 Ва шаҳрҳои истеҳкомдор ва замини ҳосилхезро мусаххар карданд,

ва хонаҳои пур аз ҳар гуна неъмат,

обанборҳои дар сахра кандашуда, токзорҳо, боғҳои зайтун

ва дарахтони мевадори сершуморро мерос гирифтанд;

ва ба туфайли некӯии бузурги Ту хӯрда,

сер ва фарбеҳ шуданд ва лаззат бурданд;

26 Ва саркашӣ намуда, ба Ту осӣ шуданд,

ва аз Тавроти Ту рӯ гардонданд,

ва анбиёи Туро, ба сабаби таъкид карданашон,

то сӯи Ту руҷӯъ намоянд, куштанд,

ва куфрҳои азиме ба амал оварданд.

27 Ва онҳоро ба дасти душманонашон супурдӣ, ва онҳоро ба танг оварданд,

ба онҳо дар замони тангии худ сӯи Ту фарьёд заданд,

ва Ту аз осмон иҷобат намудӣ, ва бар ҳасби марҳамати бузурги Худ

ба онҳо наҷотдиҳандагонро додӣ, ки онҳоро аз дасти душманонашон раҳо карданд.

28 Вале ҳамин ки онҳо осуда мешуданд, аз нав ба хузури Ту бадкорӣ мекарданд,

ва Ту онҳоро ба дасти душманонашон месупурдӣ, ки бар онҳо хукмронӣ мекарданд;

ва онҳо боз сӯи Ту фарьёд мезаданд,

ва Ту аз осмон иҷобат намуда,

бар ҳасби марҳамати Худ онҳоро дафъаи бисьёр наҷот медодӣ.

29 Ва онҳоро таъкид менамудӣ, то ки сӯи Тавроти Ту руҷӯъ намоянд,

вале онҳо рафтори шарирона намуда, ба аҳкоми Ту гӯш надоданд,

ва бар хилофи қонунҳои Ту, ки кас агар онҳоро ба ҷо оварад,

зиндагии некӯ мебинад, гуноҳ карданд,

ва аз итоат рӯ тофта ва гарданкашӣ карда, гӯш надоданд.

30 Ва солҳои бисьёр ба онҳо сабурӣ намудӣ,

ва бо Рӯҳи Худ ба воситаи анбиёи Худ онҳоро таъкид кардӣ,

вале онҳо гӯш надоданд,

ва Ту онҳоро ба дасти қавмҳои кишварҳо супурдӣ.

31 Валекин бар ҳасби марҳамати бузурги Худ онҳоро комилан маҳв насохтӣ ва тарк накардӣ,

зеро ки Ту Худои карим ва раҳим ҳастӣ.

32 Ва алҳол, эй Худои мо, эй Худои бузург,

ҷаббор ва саҳмгин, ки аҳд ва марҳаматро нигоҳ медорӣ!

Бигзор тамоми он азобу уқубате ки бар мо:

бар подшоҳони мо, бар сарварони мо,

ва бар коҳинони мо, ва бар анбиёи мо,

ва бар падарони мо, ва бар тамоми қавми Ту

аз айёми подшоҳони Ашшур то имрӯз омадааст, ба хузури Ту кам нанамояд.

33 Валекин Ту дар тамоми он чизҳое ки ба сари мо омадааст, одил ҳастӣ,

зеро ки барҳақ амал кардаӣ, ва мо гуноҳкор ҳастем.

34 Ва подшоҳони мо, сарварони мо,

коҳинони мо ва падарони мо шариати Туро риоя накарданд,

ба аҳкоми Ту ва ба таъкидҳои Ту, ки ба онҳо амр фармудӣ, гӯш надоданд.

35 Ва онҳо дар мамлакати худ,

бо вуҷуди некии бузурге ки Ту ба онҳо кардӣ,

дар замини фароху ҳосилхезе ки Ту ба онҳо бахшидӣ,

Туро ибодат накарданд,

ва аз кирдорҳои бади худ даст накашиданд.

36 Инак, мо имрӯз ғуломон ҳастем,

ва дар замине ки ба падарони мо додӣ, то мева ва неъмати онро бихӯрем,

инак, мо дар он ғуломон ҳастем.

37 Ва ҳосилоти фаровони худро он барои подшоҳоне меоварад,

ки онҳоро Ту ба сабаби гуноҳҳои мо бар мо гузоштаӣ,

ва онҳо бар ҷасадҳои мо ва бар чорпоёни мо ба дилхоҳи худ ҳукмронӣ мекунанд,

ва мо ба тангии азиме гирифтор ҳастем.

38 Ва бо ин ҳама мо аҳду паймон бастем ва онро навиштем,

ва сарварони мо, левизодагони мо ва коҳинони мо бар он мӯҳр гузоштанд».

10

БОБИ ДАҲУМ

Рӯйхати шахсоне ки ба аҳднома мӯҳр гузоштаанд.

1 Ва касоне ки мӯҳр гузоштанд, инҳоянд: Наҳемьёи волӣ ибни Ҳакальё, ва Сидқиё,

2 Сароё, Азарьё, Ирмиё,

3 Фашхур, Амарьё, Малкиё,

4 Ҳаттуш, Шабаньё, Маллук,

5 Ҳорим, Маримут, Убадьё,

6 Дониёл, Ҷинтун, Борук,

7 Машуллом, Абийё, Мийёмин,

8 Маазьё, Билҷай, Шамаъё — инҳо коҳинонанд.

9 Ва левизодагон: Ешуа ибни Азаньё, Биннуй аз зодагони Ҳенодод, Қадмиил.

10 Ва бародарони онҳо: Шабаньё, Худиё, Қалито, Фалоё, Ҳонон,

11 Мико, Раҳуб, Ҳашабьё,

12 Заккур, Шарабьё, Шабаньё,

13 Ҳудиё, Бонӣ, Банину.

14 Сардорони қавм: Фаръуш, ҳокими Мӯоб, Элом, Затту, Бонӣ,

15 Буннӣ, Азҷод, Бебой,

16 Адуниё, Биҷвай, Один,

17 Отир, Ҳизқиё, Аззур,

18 Ҳудиё, Ҳошум, Бесой,

19 Ҳориф, Анотӯт, Нибой,

20 Маҷфиош, Машуллом, Ҳизир,

21 Машизабъил, Содӯқ, Яддуа,

22 Фалатьё, Ҳонон, Аноё,

23 Ҳушиа, Ҳананьё, Ҳашшуб,

24 Ҳалуҳиш, Филҳо, Шубак,

25 Раҳум, Ҳашабно, Маасиё,

26 Аҳиё, Ҳонон, Онон,

27 Маллук, Ҳорим, Баано.

28 Ва бақияи қавм: коҳинон, левизодагон, дарбонон, муғанниён, тобеон ва ҳамаи онҳое ки аз қавмҳои кишварҳо ҷудо шуда, ба Тавроти Худо пайвастаанд, занон, писарон ва духтарони онҳо, ҳамаи онҳое ки ба фаҳмидан лаёқат доштанд,

29 Бародарони худ ва калоншавандагони худро дастгирӣ карданд, ва омада, савганду қасам хӯрданд, ки бар тибқи Тавроти Худо, ки ба воситаи Мусои бандаи Худо дода шудааст, рафтор намоянд, ва тамоми аҳкоми Худованд Худои мо ва қонунҳо ва фароизи Ӯро нигоҳ доранд ва ба ҷо оваранд.

30 Ва духтарони худро ба қавмҳои замин надиҳем, ва духтарони онҳоро ба писарони худ нагирем.

31 Ва чун қавмҳои замин дар рӯзи шанбе мол ва ҳар навъ хӯрокворӣ барои фурӯш биёранд, аз онҳо дар рӯзи шанбе ва дар рӯзҳои муқаддас нахарем, ва дар соли ҳафтум коркарди замин ва ҳар даъвои қарзро тарк кунем.

32 Ва ҳамчун ҳукме ба зиммаи худ гирифтем, ки дар як сол сеяки сиқлро барои хизмати хонаи Худои мо бидиҳем:

33 Барои нони тақдим ва ҳадияи ордии доимӣ, барои қурбонии сӯхтании доимӣ, барои қурбониҳои шанбе, навмоҳ ва идҳо, барои қурбониҳои ҷамоат, барои қурбонии гуноҳҳо, то кафорате барои Исроил бишавад, ва барои тамоми кори хонаи Худои мо.

34 Ва мо дар миёни коҳинон, левизодагон ва қавм барои ҳадияи ҳезум қуръа партофтем, ки онро ба хонаи Худои худ мувофиқи хонаводаҳо сол ба сол дар вақтҳои муайян биёрем, то ки бар қурбонгоҳи Худованд Худои мо, бар тибқи он чи дар Таврот навишта шудааст, бисӯзонем;

35 Ва навбарҳои замини худ ва навбарҳои ҳар меваи ҳар дарахтро сол ба сол ба хонаи Худованд биёрем;

36 Ва нахустзодаҳои писарони худ ва чорпоёни худро бар тибқи он чи дар Таврот навишта шудааст, ва нахустзодаҳои говон ва гӯсфандони худро ба хонаи Худои мо, барои коҳиноне ки дар хонаи Худои мо хизмат мекунанд, биёрем.

37 Ва навбари хамири худ ва ҳадияҳои худ ва меваи ҳар дарахт, шираи ангур ва равғани зайтунро барои коҳинон ба хуҷраҳои хонаи Худои мо, ва ушри замини худро барои левизодагон хоҳем овард, ки ин левизодагон ушрро дар ҳамаи шаҳрҳои зироати мо мегиранд.

38 Ва ҳангоме ки левизодагон ушр мегиранд, коҳине аз насли Ҳорун бо левизодагон хоҳад буд, ва левизодагон ушре аз он ушр ба хонаи Худои мо, ба хуҷраҳои махзан хоҳанд овард.

39 Зеро ки банӣ‐Исроил ва зодагони Левӣ ҳадияҳои ғалла, шираи ангур ва равғани зайтунро бояд ба ҳамин ҳуҷраҳо биёранд, ки дар он ҷо зарфҳои муқаддас, ва коҳинони хизматгузор, ва дарбонон ва муғанниён ҳозиранд; ва мо хонаи Худои худро тарк нахоҳем кард.

11

БОБИ ЁЗДАҲУМ

Дар бораи сокинони Ерусалим.

1 Ва сарварони қавм дар Ерусалим сокин буданд; ва бақияи қавм қуръа партофтанд, то ки аз даҳ як қисмро барои сукунат ба шаҳри муқаддаси Ерусалим биёранд, ва нӯҳ қисми боқӣ дар шаҳрҳои дигар сокин шаванд.

2 Ва қавм ҳамаи касонеро, ки бо ихтиёри худ ба маскан гирифтан дар Ерусалим розӣ шуданд, муборак хонданд.

3 Ва инҳоянд сардорони мамлакат, ки дар Ерусалим сокин шуданд, — дар сурате ки дар шаҳрҳои Яҳудо ҳар яке дар мулки худ, дар шаҳрҳои худ: исроилиён, коҳинон ва левизодагон ва тобеон ва зодагони ғуломони Сулаймон сокин буданд; —

4 Ва дар Ерусалим аз зодагони Яҳудо ва аз зодагони Биньёмин сокин шуданд. Аз зодагони Яҳудо: Аноё ибни Узиё, ибни Закарьё, ибни Амарьё, ибни Шафатьё, ибни Маҳалалъил, аз зодагони Форас.

5 Ва Маасиё ибни Борук, ибни Колҳуза, ибни Ҳазоё, ибни Адоё, ибни Юёриб, ибни Закарьё, ибни Шилӯнӣ.

6 Ҳамаи зодагони Форас, ки дар Ерусалим сукунат доштанд, чорсаду шасту ҳашт нафар мардони ҷангӣ буданд.

7 Ва инҳоянд зодагони Биньёмин: Саллу ибни Машуллом, ибни Юид, ибни Фадоё, ибни Кулоё, ибни Маасиё, ибни Итиил, ибни Ишаъё,

8 Ва баъд аз вай Ҷаббай ва Саллой — нӯҳсаду бисту ҳашт нафар.

9 Ва Юил ибни Зикрӣ сардори онҳо буд, ва Яҳудо ибни Сануоҳ муовини раиси шаҳр буд.

10 Аз коҳинон: Едаъё ибни Юёриб ва Ёкин,

11 Сароё ибни Ҳилқиё, ибни Машуллом, ибни Содӯқ, ибни Мароют, ибни Аҳитуб, ки мудири хонаи Худо буд,

12 Ва бародарони онҳо, ки хизмати хонаро ба ҷо меоварданд, — ҳаштсаду бисту ду нафар; ва Адоё ибни Еруҳом, ибни Фалальё, ибни Амсӣ, ибни Закарьё, ибни Фашхур, ибни Малкиё,

13 Ва бародарони ӯ, ки сардорони хонаводаҳо буданд, — дусаду чилу ду нафар; ва Амашсай ибни Азаръил, ибни Аҳзай, ибни Машиллимут, ибни Иммир,

14 Ва бародарони онҳо, ки мардони ҷангӣ буданд, саду бисту ҳашт нафар; ва Забдиил ибни Бузургзодагон сардори онҳо буд.

15 Ва аз левизодагон: Шамаъё ибни Ҳашшуб, ибни Азриқом, ибни Ҳашабьё, ибни Буннӣ,

16 Ва Шабтай ва Юзобод аз сардорони левизодагон — бар корҳои беруни хонаи Худо,

17 Ва Маттаньё ибни Мико, ибни Забдӣ, ибни Ософ — сардори маросими ҳамду сано ва дуо; ва Бақбуқьё, ки сардори дуюм аз бародарони ӯ буд; ва Абдо ибни Шаммуа ибни Ҷолол, ибни Едутун.

18 Ҷамъи левизодагон дар шаҳри муқаддас — дусаду ҳаштоду чор нафар.

19 Ва дарбонон: Аққуб, Талмун ва бародарони онҳо, ки ба дарвозаҳо нигаҳбонӣ мекарданд, — саду ҳафтоду ду нафар.

Сокинони шаҳрҳои дигар.

20 Ва бақияи исроилиён, коҳинон ва левизодагон — дар ҳамаи шаҳрҳои Яҳудо, ҳар яке дар мулки худ.

21 Ва тобеон дар Ӯфал сокин шуданд, ва Сиҳо ва Ҷишфо ба тобеон сардорӣ мекарданд.

22 Ва сардори левизодагон дар Ерусалим Уззӣ ибни Бонӣ, ибни Ҳашабьё, ибни Маттаньё, ибни Мико, аз зодагони Ософ буд, ки ин муғанниён дар баробари корҳои хонаи Худо тарона месуруданд,

23 Зеро ки хукми подшоҳ дар бораи онҳо буд, ва барои муғанниён ротибаи ҳаррӯза муқаррар карда шуда буд.

24 Ва Фатаҳьё ибни Машизабъил, аз зодагони Зораҳ ибни Яҳудо, ба хузури подшоҳ муваккали ҳар кори оид ба қавм буд.

25 Ва баъзе аз зодагони Яхудо дар қасабаҳо, дар худуди саҳроҳои худ сокин шуданд, чунончи: дар Қирьят‐Арбаъ ва деҳоташ, дар Дибӯн ва деҳоташ, дар Еқабсиил ва қасабаҳояш,

26 Дар Ешуа, Мулодо ва Байт‐Фолат,

27 Дар Ҳасар‐Шуол, Беэр‐Шобаъ ва деҳоташ,

28 Дар Сиқлоҷ, Макуна ва деҳоташ,

29 Дар Айн‐Риммӯн, Соръоҳ, Ярмут,

30 Зонуҳа, Адуллом ва қасабаҳои онҳо, дар Локиш ва саҳроҳои он, дар Азиқо ва деҳоташ; ва аз Беэр‐Шобаъ то водии Ҳиннум дар бошишгоҳҳо ҷойгир шуданд.

31 Ва зодагони Биньёмин: аз Ҷобаъ сар карда, то Микмос, Айё, Байт‐Ил ва деҳоташ,

32 Анотӯт, Нуб, Ананьё,

33 Ҳосӯр, Ромо, Ҷиттоим,

34 Ҳодид, Сабӯим, Набаллот,

35 Луд, Уну ва Дараи косибон.

36 Ва баъзе аз левизодагон аз мулки Яхудо ба мулки Биньёмин гузашта, сокин шуданд.

12

БОБИ ДУВОЗДАҲУМ

Коҳинон ва левизодагоне ки ҳамроҳи Зарубобил буданд.

1 Ва инҳоянд коҳинон ва левизодагоне ки бо Зарубобил ибни Шаалтиил ва Ешуа баромадаанд: Сароё, Ирмиё, Эзро,

2 Амарьё, Маллук, Ҳаттуш,

3 Шаканьё, Раҳум, Маримут,

4 Идду, Ҷинтуй, Абийё,

5 Мийёмин, Меадьё, Билҷо,

6 Шамаъё, Юёриб, Едаъё,

7 Саллу, Омуқ, Ҳилқиё, Едаъё — инҳоянд сардорони коҳинон ва бародаронашон дар айёми Ешуа.

8 Ва левизодагон: Ешуа, Биннуй, Қадмиил, Шарабьё, Яҳудо, Маттаньё, ки роҳбари маддоҳон буд, — ӯ ва бародаронаш,

9 Ва Бақбуқьё ва Уннӣ ва бародаронашон, ки дар муқобили онҳо бо навбат хизмат мекарданд.

Насабномаи коҳинон.

10 Ва Ешуа Юёқимро ба дуньё овард, ва Юёқим Эльёшибро ба дуньё овард, ва Эльёшиб Юёдоъро ба дуньё овард,

11 Ва Юёдоъ Юнотонро ба дуньё овард, ва Юнотон Яддуаро ба дуньё овард.

12 Ва дар айёми Юёқим ин коҳинон сардорони хонаводаҳо буданд: дар Сароё — Мароё, дар Ирмиё — Ҳананьё,

13 Дар Эзро — Машуллом, дар Амарьё — Еҳуҳонон,

14 Дар Малику — Юнотон, дар Шабаньё — Юсуф,

15 Дар Ҳорим — Адно, дар Мароют — Ҳелқой,

16 Дар Идду — Закарьё, дар Ҷинтун — Машуллом,

17 Дар Абийё — Зикрӣ, дар Миньёмин ва Муадьё — Филтой,

18 Дар Билҷо — Шаммуа, дар Шамаъё — Еҳунотон,

19 Дар Юёриб — Матнай, дар Едаъё — Уззӣ,

20 Дар Саллай — Қаллай, дар Омуқ — Эбар,

21 Дар Ҳилқиё — Ҳашабьё, дар Едаъё — Натанъил.

22 Левизодагон дар айёми Эльёшиб, Юёдоъ, Юҳонон ва Яддуа дар рӯйхати «Сардорони хонаводаҳо ва коҳинон дар замони подшоҳии Дорьёвеши Форс» навишта шудаанд.

23 Зодагони Левӣ, сардорони хонаводаҳо, дар китоби «Вақоеънома» то айёми Юҳонон ибни Эльёшиб навишта шудаанд.

24 Ва сардорони левизодагон: Ҳашабьё, Шарабьё ва Ешуа ибни Қадмиил; ва бародаронашон дар муқобили онҳо, то ки бар тибқи амри Довуди бандаи Худо, навбат ба навбат, мадҳ гӯянд ва ҳамду сано хонанд, —

25 Маттаньё, Бақбуқьё ва Убадьё; Машуллом, Талмун ва Аққуб посбонон ва дарбононе буданд, ки бо навбат назди остонаи дарвозаҳо посбонӣ мекарданд.

26 Инҳо дар айёми Юёқим ибни Ешуа ибни Юсодоқ ва дар айёми Наҳемьёи волӣ ва Эзрои коҳини китобдон буданд.

Тақдис кардани ҳисори Ерусалим.

27 Ва дар вақти тақдиси ҳисори Ерусалим левизодагонро аз ҳамаи маконҳошон чустуҷӯ карданд, то ки онҳоро ба Ерусалим биёранд, ва бо шодмонӣ, мадҳгӯӣ ва сурудхонӣ, ва бо санҷҳо, удҳо ва барбатҳо тақдис намоянд.

28 Ва зодагони муғанниён аз ноҳияи гирду атрофи Ерусалим, ва аз қасабаҳои Натуфо ҷамъ шуданд,

29 Ва аз Байт‐Ҷилҷол, ва аз саҳроҳои Ҷобаъ ва Азмавт низ; зеро ки муғанниён дар гирду атрофи Ерусалим қасабаҳо барои худ бино карда буданд.

30 Ва коҳинону левизодагон таҳорат намуданд, ва қавм ва дарвозаҳо ва ҳисорро татҳир карданд.

31 Ва ман сарварони Яҳудоро ба болои ҳисор баровардам, ва ду гурӯҳи калони маддоҳонро барои рафтори ботантана таъин намудам, ва яке аз онҳо ба тарафи рост, бар сари ҳисор, сӯи дарвозаи Хокрӯба равона шуданд,

32 Ва аз ақиби онҳо — Хушаъё ва нисфи сарварони Яхудо,

33 Ва Азарьё, Эзро ва Машуллом,

34 Ва Яҳудо, Биньёмин, Шамаъё ва Ирмиё;

35 Ва аз зодагони коҳинон бо карнайҳо: Закарьё ибни Юнотон, ибни Шамаъё, ибни Маттаньё, ибни Микоё, ибни Заккур, ибни Ософ,

36 Ва бародарони ӯ: Шамаъё, Азаръил, Милалай, Ҷилалай, Моай, Натанъил, Яҳудо ва Ҳанонӣ бо асбоби мусиқии Довуди марди Худо; ва Эзрои китобдон пешопеши онҳо.

37 Ва назди дарвозаи Чашма, ки дар муқобили онҳо буд, бар зинаҳои шаҳри Довуд, бар фарози ҳисор баромаданд ва аз болои хонаи Довуд гузашта, то дарвозаи Об, ки дар шарқ буд, омаданд.

38 Ва гурӯҳи дуюми маддоҳон ба тарафи чап равона шуданд, ва ман ва нисфи қавм аз ақиби онҳо бар сари ҳисор, аз бурҷи Танӯр то ҳисори васеъ рафтем;

39 Ва онҳо аз болои дарвозаи Эфроим, ва дарвозаи Кӯҳна, ва дарвозаи Моҳӣ, ва бурҷи Ҳананъил, ва бурҷи Меоҳ то дарвозаи Гӯсфанд рафта, назди дарвозаи Посгоҳ истоданд.

40 Ва ду гурӯҳи маддоҳон дар хонаи Худо истоданд, ва ман, ва нисфи сарварон бо ман.

41 Ва коҳинон: Эльёқим, Маасиё, Миньёмин, Микоё, Эльюэнай, Закарьё ва Ҳананьё бо карнайҳо,

42 Ва Маасиё, Шамаъё, Элъозор, Уззӣ, Еҳуҳонон, Малкиё, Элом ва Озар. Ва муғанниён сурудхонӣ карданд; ва Израҳьё сардорашон буд.

43 Ва дар он рӯз қурбониҳои зиёде забҳ намуда, хурсандӣ карданд, зеро ки Худо онҳоро бағоят шод карда буд, ва занону бачагон низ хурсандӣ карданд, ва шодмонии Ерусалим то ҷойҳои дурдаст шунида шуд.

Дар маъбад тартиб барқарор карда шуд.

44 Ва дар он рӯз бар хуҷраҳои махзан барои ионатҳо, навбарҳо ва ушрҳо одамон таъин карда шуданд, то ки аз киштзорҳои шаҳрҳо ҳиссаҳои коҳинон ва левизодагонро мувофиқи Таврот ҷамъ кунанд, зеро аҳли Яҳудо аз он шод буданд, ки коҳинон ва левизодагон ба хизмат меистоданд,

45 Ва хизмати Худои худ ва корҳои татҳирро ба ҷо меоварданд, ва бар тибқи амри Довуд ва писараш Сулаймон вазифаи муғанниён ва дарбононро иҷро мекарданд,

46 Ва мисли он ки дар айёми Довуд ва Ософи сардори муғанниён аз қадим буд, сурудҳои ҳамду сано барои Худо мехонданд.

47 Ва тамоми Исроил дар айёми Зарубобил ва дар айёми Наҳемьё ҳиссаҳои муғанниён ва дарбононро рӯз ба рӯз медоданд, яъне онҳо вақф ба левизодагон медоданд, ва левизодагон вақф ба зодагони Ҳорун медоданд.

13

БОБИ СЕЗДАҲУМ

Наҳемьё бо ҷидду ҷаҳд ба муқобили бетартибиҳо мубориза мебарад.

1 Дар он рӯз китоби Мусоро ба самъи қавм хонданд, ва дар он чунин навиштае ёфт шуд, ки «аммӯнӣ ва мӯобӣ ҳаргиз ба ҷамоати Худо дохил нахоҳанд шуд,

2 Зеро ки онҳо банӣ‐Исроилро бо нон ва об пешвоз нагирифтанд, балки Билъомро бар зидди онҳо киро карданд, то ки онҳоро лаънат намояд, валекин Худо лаънатро ба баракат табдил дод».

3 Ва чун Тавротро шуниданд, ҳамаи омезишьёфтагонро аз Исроил ҷудо карданд.

4 Ва пеш аз ин Эльёшиби коҳин, ки дар як ҳуҷраи хонаи Худои мо, дар наздикии Тубиё сукунат дошт,

5 Барои ӯ ҳуҷраи калоне муҳайё карда буд, ки пештар ҳадияҳои ордӣ, бухур ва зарфҳо, ва ушри ғалла, шираи ангур ва равғани зайтунро, ки ҳиссаи левизодагон, муғанниён ва дарбонон буд, ва ионати коҳинонро дар он ҷо мегузоштанд.

6 Ва дар он вақт ман дар Ерусалим набудам, зеро ки дар соли сиву дуюми Артаҳшасто, подшоҳи Бобил, назди подшоҳ рафтам, ва пас аз айёме аз подшоҳ барои худ иҷозат гирифтам.

Наҳемьё бори дуюм ба Ерусалим меояд.

7 Ва чун ба Ерусалим расидам, аз кирдори баде ки Эльёшиб ба хотири Тубиё карда буд, яъне барои ӯ дар саҳни хонаи Худо хуҷрае муҳайё намуда буд, хабар ёфтам,

8 Ва ин дар назари ман бағоят зишт намуд, ва ман тамоми бисоти хонаи Тубиёро аз ҳуҷра берун партофтам,

9 Ва амр фармудам, ва ҳуҷраро татҳир карданд, ва зарфҳои хонаи Худо, ҳадияҳои ордӣ ва бухурро ба он ҷо баргардонидам.

10 Ва фаҳмидам, ки ҳиссаҳои левизодагон ба онҳо дода нашудааст, ва левизодагону муғанниёне ки ба хизматгузорӣ машғул буданд, ҳар яке ба киштзори худ гурехта рафтаанд.

11 Ва ман сардоронро мазаммат намуда, гуфтам: «Чаро хонаи Худо тарк карда шудааст?» Ва онҳоро ҷамъ карда, дар ҷойҳошон гузоштам.

12 Ва тамоми аҳли Яҳудо ушри ғалла, шираи ангур ва равғани зайтунро ба махзанҳо овардан гирифтанд.

13 Ва Шаламьёи коҳин ва Содӯқи китобдон ва Фадоёро, ки аз левизодагон буд, ва дар паҳлуяшон Ҳонон ибни Заккур, ибни Маттаньёро бар махзанҳо таъин намудам, зеро ки онҳо шахсони амин ҳисоб меёфтанд, ва вазифаи онҳо ин буд, ки ҳиссаҳоро ба бародарони худ тақсим кунанд.

14 Маро, эй Худои ман, барои ин ба ёд овар, ва аъмоли неки маро, ки барои хонаи Худои худ ва барои хизматгузорони он кардаам, маҳв насоз!

Хор доштани оромии рӯзи шанбе.

15 Дар он айём дар Яҳудо дидам, ки дар рӯзи шанбе чархуштҳоро пахш мекарданд, ва хирманҳоро кашонда меоварданд, ва шароб, ангур ва анҷир ва ҳар бори дигарро ба харҳо бор карда, дар рӯзи шанбе ба Ерусалим медароварданд; ва мушоҳида намудам, ки дар он рӯз ба фурӯхтани хӯрокворӣ машғул мешуданд.

16 Ва сӯриёне ки дар Яҳудо иқомат доштанд, моҳӣ ва ҳар навъ мол оварда, ба сокинони Яҳудо ва Ерусалим мефурӯхтанд.

17 Ва ман калоншавандагони Яҳудоро мазаммат намуда, ба онҳо гуфтам: «Ин чӣ кори бад аст, ки шумо мекунед ва рӯзи шанберо хор медоред?

18 Падарони шумо, охир, чунин амал карданд, ва Худои мо тамоми ин мусибатро бар мо ва бар ин шаҳр овард; ва шумо рӯзи шанберо хор дошта, ғазабро бар Исроил афзун мекунед?»

19 Ва чун дарвозаҳои Ерусалим пеш аз шанбе сояандоз шуд, амр фармудам, ва дарҳоро бастанд; ва амр фармудам, ки то анҷоми шанбе онҳоро накушоянд; ва аз навкарони худ назди дарвозаҳо гузоштам, то ки дар рӯзи шанбе ҳеҷ боре оварда нашавад.

20 Ва савдогарон ва фурӯшандагони ҳар навъ мол як‐ду бор берун аз Ерусалим шабро гузаронданд.

21 Ва ман онҳоро таъкид намуда, гуфтам: «Чаро шумо назди ҳисор шабро мегузаронед? Агар бори дигар чунин кунед, даст бар шумо хоҳам андохт!» Аз ҳамон вақт дигар дар рӯзи шанбе наомаданд.

22 Ва ба левизодагон амр фармудам, ки таҳорат карда, барои нигаҳбонии дарвозаҳо биёянд, то ки рӯзи шанберо тақдис намоянд. Инро низ, эй Худои ман, барои ман ба ёд овар ва бар ҳасби марҳамати бузурги Худ бар ман шафқат намо!

Манъ кардани никоҳ бо занони аҷнабӣ.

23 Дар он айём низ яҳудиёнро дидам, ки занони ашдӯдӣ, аммӯнӣ ва мӯобӣ гирифтаанд;

24 Ва писарони онҳо қисман ба забони ашдӯдӣ гап мезаданд, ва ба забони яҳудӣ наметавонистанд сухан ронанд, балки ба забони ин ё он қавм.

25 Ва ман онҳоро мазаммат намудам, ва ба онҳо лаънат хондам, ва баъзе касонро аз байни онҳо кӯфтам, ва мӯйҳошонро кандам, ва онҳоро ба Худо қасам дода, гуфтам: «Духтарони худро ба писарони онҳо надиҳед, ва духтарони онҳоро барои писарони худ ва барои худ нагиред.

26 Сулаймон, подшоҳи Исроил, охир, ба туфайли ҳаминҳо гуноҳ карда буд, ва ҳол он ки дар миёни халқҳои бисьёр подшоҳе мисли ӯ набуд! Ва ӯ барои Худои худ маҳбуб буд, ва Худо ӯро бар тамоми Исроил подшоҳ карда буд, — аммо ӯро низ занони аҷнабӣ дар роҳи гуноҳ андохтанд!

27 Пас, оё мо метавонем ба суханони шумо гӯш дода, ин шарорати азимро ба амал оварем, яъне ба Худои худ хиёнат карда, занони аҷнабӣ бигирем?»

28 Ва аз зодагони Юёдоъ ибни Эльёшиби саркоҳин ман якеро, ки домоди Санбалати хӯрӯнӣ буд, аз пеши худ рондам.

29 Онҳоро, эй Худои ман, барои он ба ёд овар, ки каҳонатро, ва аҳди коҳинон ва левизодагонро палид кардаанд!

30 Ва ман онҳоро аз ҳар чизи аҷнабӣ татҳир намудам, ва хизматгузории коҳинон ва левизодагонро аз нав барқарор кардам, то ҳар яке ба кори худ машғул шавад;

31 Ва овардани ҳадияи ҳезумро дар вақтҳои муайян, ва навбарҳоро низ. Маро, эй Худои ман, ба некӯӣ ба ёд овар!