КИТОБИ

НАҲУМИ НАБӢ

1

БОБИ ЯКУМ

Худованд қуддус аст.

1 Ваҳй дар бораи Нинве; китоби рӯъёи Наҳуми алкӯшӣ.

2 Худованд Худои ғаюр ва интиқомгир аст;

Худованд интиқомгир ва пурхашм аст;

Худованд аз адуёнаш интиқом мегирад,

ва хашми Худро барои душманонаш нигоҳ медорад.

3 Худованд пурсабр ва бузургқувват аст,

ва беҷазо намегузорад;

роҳи Худованд дар тундбод ва тӯфон аст,

ва абрҳо ғубори пои Ӯст.

4 Бар баҳр итоб менамояд, ва онро хушк мекунад,

ва ҳамаи наҳрҳоро хушконидааст;

Бошон ва Кармил пажмурда гаштааст,

ва гули Лубнон пажмурда гаштааст.

5 Кӯҳҳо аз Ӯ ба ларза омадааст,

ва пуштаҳо гудохта шудааст;

ва замин аз ҳузури Ӯ ҷунбиш кардааст,

ва ҷаҳон ва ҳамаи сокинони он низ.

6 Пеши ғазаби Ӯ кист, ки тавонад истодагӣ кунад?

Ва кист, ки ба хашми Ӯ тавонад тоб оварад?

Қаҳри Ӯ мисли оташ забона мезанад,

ва сахраҳо аз шиддати он пора‐пора мешавад.

7 Худованд некӯст — дар рӯзи мусибат паноҳгоҳи мустаҳкам аст,

ва паноҳбарони Худро мешиносад.

8 Ва бо селоби шадиде Ӯ макони онро+ 1:8 Шаҳри Нинве, ки пойтахти мамлакати Ашшур буд, дар назар дошта шудааст. тамоман ба ҳалокат хоҳад расонид,

ва торикӣ душманони Ӯро таъқиб хоҳад кард.

9 Дар бораи Худованд шумо чӣ андеша доред?

Ӯ тамоман ба ҳалокат хоҳад расонид,

ва мусибат бори дигар ба миён нахоҳад омад.

10 Зеро, азбаски мисли хорҳо ба ҳам печидаанд

ва мисли майзадагон масту мадҳуш шудаанд,

онҳо мисли коҳи хушк комилан хоҳанд сӯхт.

11 Машваратчии шарире

ки дар бораи Худованд андешаи бад дорад,

аз ту берун омадааст.

12 Худованд чунин мегӯяд:

«Ҳарчанд онҳо пурзӯр ва сершумор бошанд ҳам,

вале шикаст хӯрда, аз назар ғоиб хоҳанд шуд;

ва туро, эй Яҳудо, ки ба азият дучор намудаам,

дигар азият нахоҳам дод.

13 Ва алҳол юғи варо аз гардани ту хоҳам шикаст,

ва бандҳои туро хоҳам барканд».

14 Ва дар бораи ту+ 1:14 Подшоҳи Ашшур дар назар дошта шудааст. Худованд амр фармудааст:

«Насле бо номи ту дигар нахоҳад буд;

аз хонаи худоёнат санам ва бутро маҳв хоҳам кард,

қабри туро дар он ҷо хоҳам сохт,

зеро ки ту разил будӣ».

Башорати оянда.

15 Инак, бар кӯҳҳо пойҳои башоратдиҳандае

ки аз сулҳу осоиштагӣ хабар медиҳад:

идҳои худро, эй Яҳудо, ид намо,

назрҳои худро ба ҷо биёр,

зеро ки шарир дигар аз ту қадамгузор нахоҳад шуд:

вай саросар маҳв гардидааст.

2

БОБИ ДУЮМ

Хароб шудани Нинве; ҳарбу зарб дар кӯчаҳояш.

1 Харобкунанда ба муқобили ту баромадааст:

ҳисорро муҳофизат намо, роҳро посбонӣ бикун,

камарро маҳкам бибанд, қуввати зиёде фароҳам овар.

2 Зеро ки Худованд шавкати Яъқубро

мисли шавкати Исроил аз нав барқарор месозад,

чунки тороҷгарон онҳоро тороҷ намуда,

навдаҳошонро несту нобуд кардаанд.

3 Сипари паҳлавонони вай суп‐сурх аст,

ҷанговарони вай либоси арғувонӣ пӯшидаанд;

пӯлоди аробаҳояш дар рӯзи тайёрии вай

мисли оташ барқ мезанад,

ва найзаҳои вай дар ҷавлон аст.

4 Аробаҳо дар кӯчаҳо девонавор медавад,

дар майдонҳо гулдур‐гулдур мекунад;

намуди онҳо мисли машъалҳост,

мисли барқҳо ялт‐ялт мекунад.

5 Вай зӯроваронашро ҷеғ мезанад,

лекин онҳо дар вақти роҳ рафтан пешпо мехӯранд;

онҳо сӯи ҳисор мешитобанд,

вале сақфи муҳофизат аллакай тайёр шудааст.

6 Дарвозаҳои наҳрҳо кушода шуд,

ва қаср ба ҳарос афтод.

7 Ва малика бараҳна карда, ба асирӣ бурда шуд,

ва канизонаш синазанон,

мисли садои кабӯтарон оҳу воҳ мекунанд.

8 Ва Нинве аз аввали мавҷудияташ мисли ҳавзи пур аз об буд,

ва ҳоло онҳо рӯ ба гурез овардаанд. «Биистед, биистед!»

Валекин ҳеҷ кас ба ақибаш нигоҳ намекунад.

9 Нуқраро тороҷ кунед, тиллоро тороҷ кунед!

Захираҳои ҳар навъ колои гаронбаҳо интиҳое надорад.

10 Вай тороҷ, валангор ва хароб гардидааст,

ва дилаш ҳаросон ва зонуҳояш ларзон шудааст,

ва ҳамаи камарҳоро ларза гирифтааст,

ва ранги рӯи ҳама паридааст.

11 Куҷост он макони шерон, ва он чарогоҳи шерони ҷавон,

ки шери нар ва шери мода бо шербача дар он ҷо гаштугузор мекарданд,

ва касе набуд, ки онҳоро безобита кунад?

12 Шери нар басо барои шербачаҳои худ медарид,

ва барои шерҳои модаи худ буғӣ менамуд,

ва мағораҳои худро аз сайд,

ва лонаҳои худро аз нахҷир пур мекард.

13 «Инак Ман, мегӯяд Худованди лашкарҳо, ба ту зид ҳастам, ва аробаҳои туро дар дуд хоҳам сӯзонид, ва шамшер шерҳои ҷавони туро талаф хоҳад кард, ва шикори туро аз замин маҳв хоҳам сохт, ва овози элчиёнат дигар шунида нахоҳад шуд».

3

БОБИ СЕЮМ

Ҳар он чи кишт кунӣ — онро хоҳӣ даравид.

1 Вой ба ҳоли шаҳри хунхор! Сар то сари он пур аз макр ва ситам аст,

ва тороҷ аз он дур намешавад.

2 Садои тозиёнаҳо, ва овози гулдурроси чархҳо,

ва аспони даванда, ва аробаҳои чархзананда ба гӯш мерасад.

3 Саворон бо шиддат асп меронанд,

ва ялт‐ялти шамшерҳо, ва барқзании найзаҳо,

ва анбӯҳи кушташудагон, ва тӯда‐тӯда ҷасадҳои мурда ба назар мерасад, ва ҷасадҳо интиҳое надорад,

ва роҳгузарон ба он ҷасадҳо пешпо мехӯранд.

4 Ин ҳама аз боиси зинокории зиёди фоҳишаи

зеботалъати соҳиби ҷодуҳо ба амал омадааст,

ки вай халқҳоро бо зиноҳои худ,

ва қабилаҳоро бо ҷодуҳои худ мефурӯшад.

5 «Инак Ман, мегӯяд Худованди лашкарҳо, ба ту зид ҳастам,

ва доманатро бар рӯят хоҳам бардошт, ва аврати туро ба халқҳо,

ва нанги туро ба мамлакатҳо нишон хоҳам дод.

6 Ва наҷосатҳо бар ту хоҳам рехт,

ва туро нафратангез хоҳам гардонид,

ва туро барои хандахариш ба тамошои мардум хоҳам гузошт».

7 Ва чунин воқеъ хоҳад шуд, ки ҳар кӣ туро бинад,

худро аз ту канор гирифта, хоҳад гуфт:

«Нинве валангор шудааст!» Кист, ки дар ҳаққи вай афсӯс хӯрад?

Аз куҷо барои ту таъзиякунандагонро пайдо кунам?

8 Оё ту аз Нӯ‐Омун беҳтар ҳастӣ,

ки бар наҳрҳо ҷойгир буда,

онро об иҳота мекард, баҳр қалъаи он буд,

яъне ҳисораш аз баҳр иборат буд?

9 Ҳабаш иқтидори он буд, ва Миср низ,

ки кӯшунаш сону шумор надошт;

Фут ва Лубим мададгорони ту буданд.

10 Вай низ ҷалои ватан шуда, ба асирӣ рафтааст;

кӯдаконаш низ дар сари ҳар кӯча ба сангҳо зада кушта шудаанд;

ва бар ашрофи вай қуръа партофтаанд,

ва тамоми акобираш бо занҷирҳо баста шудаанд.

11 Ту низ масту мадҳуш гардида, аз назар ғоиб хоҳӣ шуд;

ту низ аз дасти душман паноҳгоҳ хоҳӣ ҷуст.

12 Ҳамаи қалъаҳоят ба дарахтони анҷире монандӣ хоҳад дошт,

ки навбарҳояш пухта расида бошад:

ҳамин ки таконе дода шавад,

меваи онҳо ба даҳони хӯранда меафтад.

13 Инак, қавми ту мисли занонанд андаруни ту;

дарвозаҳои замини ту барои душманонат васеъ кушода мешавад;

оташ ғалақаҳояшро сӯзонидааст.

14 Барои замони муҳосираат об захира намо;

қалъаҳоятро мустаҳкам кун;

ба лой даро, ва гилро пой бизан,

қолиби хиштро ба даст гир.

15 Дар он ҷо оташ туро хоҳад сӯзонид,

шамшер туро нобуд хоҳад кард,

туро мисли малах хоҳад хӯрд,

агарчи ба сони кирми малах биафзоӣ,

яъне ба сони малах зиёд шавӣ.

16 Тоҷиронат аз ситорагони осмон зиёдтар шудаанд;

мисли малах ҳуҷум карда, парида мераванд.

17 Миронат мисли малах,

ва амалдоронат мисли анбӯҳи ҷарод мебошанд,

ки дар рӯзи сармо бар деворҳо ҷойгир мешаванд,

аммо ҳамин ки офтоб тулӯъ кунад,

парида мераванд, ва маълум нест, ки ҷояшон куҷост.

18 Чӯпонони ту, эй подшоҳи Ашшур,

пинак рафтаанд, зӯроварони ту хобидаанд;

қавми ту бар кӯҳҳо пароканда шудаанд,

ва касе нест, ки онҳоро ҷамъ оварад.

19 Барои шикасти ту муолиҷае нест,

зарбае ки ту хӯрдаӣ, даво надорад;

ҳамаи онҳое ки ин хабарро дар бораи ту шунидаанд, ба ҳоли ту чапак заданд,

зеро кист, ки бадии ту ба вай ҳамеша нарасида бошад?