КИТОБИ

МИКОИ НАБӢ

1

БОБИ ЯКУМ

Ҷино яти хар ду мамлакат боиси ғазаби Худо гардид.

1 Каломи Худованд, ки бар Микои мӯраштӣ дар айёми Ютом, Оҳоз ва Ҳизқиё, подшоҳони Яҳудо, нозил шуд, ва ӯ онро дар бораи Сомария ва Ерусалим дар рӯъё дид.

2 Бишнавед, эй ҳамаи қавмҳо, гӯш андоз,

эй замин ва ҳар чи дар он аст!

Ва Худованд Худо ба муқобили шумо шоҳид бошад,

яъне Худованд аз қасри қудси Худ!

3 Зеро инак, Худованд аз макони Худ берун меояд,

ва фурӯд омада, бар баландиҳои замин қадамгузор мешавад.

4 Ва кӯҳҳо дар таҳти Ӯ гудохта мешавад,

ва водиҳо мекафад, мисли мум пеши оташ,

мисли обе ки ба нишебӣ мерезад.

5 Ҳамаи ин аз боиси ҷинояти Яъқуб аст,

ва аз боиси гуноҳҳои хонадони Исроил.

Кист сабабгори ҷинояти Яъқуб? Оё Сомария нест?

Ва кист маркази бутпарастӣ дар Яҳудо? Оё Ерусалим нест?

6 Ва Сомарияро ба харобазори саҳро,

ба макони токшинонӣ табдил хоҳам дод;

ва сангҳои онро ба дара андохта,

таҳкурсиҳои онро намоён хоҳам кард.

7 Ва ҳамаи санамҳои он пора‐пора хоҳад шуд,

ва ҳамаи муздҳои зинои он ба оташ хоҳад сӯхт;

ва ҳамаи бутҳои онро валангор хоҳам кард,

зеро ки онҳоро аз музди зино ҷамъ овардааст,

ва онҳо ба музди зино хоҳад баргашт.

8 Дар ин бора навҳаю вовайло хоҳам кард,

маҷнунвор ва урьён роҳ хоҳам рафт,

мисли шағолҳо нула хоҳам кашид,

ва мисли шутурмурғҳо оҳу воҳ хоҳам кард.

9 Зеро ки шикасти он илоҷнопазир аст,

чунки то Яҳудо омада, ба дарвозаи қавми ман,

ба Ерусалим расидааст.

10 Дар Ҷат хабар надиҳед, сахт гирья накунед;

дар хонаи Афра худро ба хок биғелон.

11 Бо аврати бараҳна гузар кун, эй сокинаи Шофир;

сокинаи Саанон берун намеояд;

дар Байт‐Эсел навҳагарист; барои ӯрду заданаш аз шумо макон мегирад.

12 Зеро ки сокинаи Морут аз барои дороии худ дар андӯҳ меафтад,

чунки мусибате аз ҷониби Худованд ба дарвозаи Ерусалим фурӯд омадааст.

13 Аспи давандро ба ароба бибанд, эй сокинаи Локиш;

вай ибтидои гуноҳи духтари Сион буд,

зеро ки ҷиноятҳои Исроил дар ту ёфт шудааст.

14 Бинобар ин ту ҷиҳозе ба Мӯрашти Ҷат хоҳӣ дод;

хонаҳои Акзиб чашмаи яъсовар барои подшоҳони Исроил хоҳад буд.

15 Боз ворисе назди ту хоҳам овард, эй сокинаи Морешо;

ҷалоли Исроил то Адулом хоҳад омад.

16 Барои писарони нозпарварди худ мӯи саратро битарош ва бикан;

бемӯии саратро мисли уқоб васеътар бикун,

чунки онҳо аз пеши ту ба асирӣ хоҳанд рафт.

2

БОБИ ДУЮМ

Худованд ба Исроил зид шудааст.

1 Вой ба ҳоли онҳое ки бар бистарҳои худ хабосат меандешанд ва ниятҳои бад доранд,

ва ҳамин ки рӯшноии саҳарӣ фаро расад, онро ба амал меоваранд,

чунки кувват дар дасти онҳост.

2 Ва чун саҳроҳоро тамаъ кунанд, — зер карда мегиранд,

ва хонаҳоро тамаъ кунанд, — бо зӯрӣ тасарруф менамоянд;

ва дар ҳаққи марде ва хонаи вай,

ва шахсе ва мероси вай ситам мекунанд.

3 Бинобар ин Худованд чунин мегӯяд:

«Инак, Ман бар зидди ин қабила мусибате меандешам,

ки шумо гардани худро аз он натавонед берун овард,

ва қомат рост карда мағрурона роҳ нахоҳед рафт,

зеро ки ин замони мусибат аст.

4 Дар он рӯз дар ҳаққи шумо масале ба забон хоҳанд ронд,

ва зор‐зор гириста навҳа хоҳанд кард,

ва хоҳанд гуфт: „Мо тамоман тороҷ гардидаем;

насибаи қавми ман бадал шудааст.

Чӣ гуна маро аз он дур мекунад?!

Саҳроҳои моро ба шарирон тақсим карда медиҳад“.

5 Бинобар ин барои ту касе нахоҳад буд,

ки дар ҷамоати Худованд қуръа барои андоза кардан партояд.

6 „Нубувват накунед!“ Нубувват мекунанд:

„Ба инҳо нубувват накунанд, расвоиҳо дур нахоҳад шуд“.

7 Эй, ки номат хонадони Яъқуб аст!

Оё Рӯҳи Худованд ношикеб гардидааст?

Оё инҳо аъмоли Ӯст? Суханони Ман, охир,

ба ҳар касе ки бо роҳи рост равон аст,

некӣ меоварад.

8 Ва онҳое ки дирӯз қавми Ман ба шумор мерафтанд,

алҳол ҳамчун душман қиём кардаанд;

шумо аз китфи роҳгузаре курта ва ҷомаро кашида мегиред;

касонеро, ки оромона мегузаранд, тавре ба қалам медиҳед,

ки гӯё аз ҷанг гашта омада бошанд.

9 Занони қавми Маро аз хонаҳои дилписандашон бадар меронед;

аз кӯдакони онҳо зинати Маро ба сурати абадӣ мегиред.

10 Бархезед ва биравед, зеро ки ин ҷо оромгоҳи шумо нест;

ба сабаби палид шуданаш он шуморо ба ҳалокат хоҳад расонид,

ва ин ҳалокати сахте хохад буд.

11 Агар шахси бодии дурӯғгӯе козибона мегуфт:

„Барои ту дар бораи шароб ва арақ нубувват хоҳам кард“, —

вай набии дилхоҳе барои ин қавм мебуд.

Ваъда ба бақия.

12 Тамоми туро, эй Яъқуб, ҷамъ хоҳам кард,

бақияи Исроилро фароҳам хоҳам овард,

онҳоро мисли гӯсфандони дохили қӯра якҷоя хоҳам гузошт;

онҳо мисли рамае ки андаруни чарогоҳаш бошад,

аз бисьёрии одамон ғалоғула хоҳанд бардошт.

13 Рахнакунанда пешопеши онҳо баромад;

онҳо низ рахна карда, гузаштанд, дарвозаро рахна карда, аз он берун омаданд;

ва подшоҳашон пешопеши онҳо гузашта рафт,

ва Худованд — дар сари онҳо».

3

БОБИ СЕЮМ

Доварии оянда бар сарварони қавм.

1 Ва ман гуфтам: бишнавед,

эй сарварони Яъқуб ва доварони хонадони Исроил!

Шумо, охир, вазифадор ҳастед, ки адлу инсофро бидонед.

2 Аммо шумо аз некӣ нафрат мекунед ва бадиро дӯст медоред;

пӯсти онҳоро аз баданашон

ва гӯшти онҳоро аз устухонҳошон меканед.

3 Ҳамон касоне ҳастед, ки гӯшти қавми Маро хӯрдаанд,

ва пӯсти онҳоро аз баданашон кандаанд,

ва устухонҳои онҳоро шикастаанд,

ва гӯё ки ба дег меандохта бошанд,

яъне мисли гӯште ки андаруни потила мепазанд, порапора кардаанд.

4 Он гоҳ сӯи Худованд истиғоса хоҳанд бурд,

вале Ӯ онҳоро иҷобат нахоҳад кард,

ва рӯи Худро дар он замон аз онҳо хоҳад пӯшонид,

чунки ба аъмоли бад дода шудаанд.

5 Худованд дар бораи анбиёе ки қавми маро дар иштибоҳ меандозанд,

яъне вақте ки бо дандонҳои худ чизе мехоянд, —

сулҳу осоиштагиро мехонанд,

вале вақте ки касе ба даҳони онҳо чизе намегузорад, —

бар зидди вай ҷанг эълон мекунанд, чунин мегӯяд:

6 «Бинобар ин шаб барои шумо ба ҷои рӯъё,

ва торикӣ барои шумо ба ҷои фолгирӣ хоҳад буд;

ва офтоб бар анбиё ғуруб хоҳад кард,

ва рӯз барояшон торик хоҳад шуд.

7 Ва пешгӯйҳо расво, ва фолгирҳо хиҷил гардида,

ҳамаашон ришу мӯйлаби худро хоҳанд пӯшонид,

чунки аз ҷониби Худованд ҷавобе нахоҳад буд».

8 Валекин ман ба воситаи Рӯҳи Худованд аз қувват

ва инсоф ва мардонагӣ пур шудаам,

то ки ба Яъқуб дар бораи ҷинояташ

ва ба Исроил дар бораи гуноҳаш сухан ронам.

9 Пас инро бишнавед, эй сарварони хонадони Яъқуб

ва эй доварони хонадони Исроил,

ки аз инсоф нафрат доред

ва ҳар чизи ростро каҷ мекунед,

10 Сионро бо хун ва Ерусалимро

бо ноинсофӣ бино мекунед!

11 Сарваронаш ба бадали ришва доварӣ менамоянд,

ва коҳинонаш ба бадали музд таълим медиҳанд,

ва анбиёяш ба бадали нуқра фол мегиранд,

ва ба Худованд таваккал намуда, мегӯянд:

«Худованд, охир, андаруни мост, —

мусибате бар мо нахоҳад омад!»

12 Бинобар ин, аз боиси шумо,

Сион мисли саҳро шудгор хоҳад шуд,

ва Ерусалим ба харобазор,

ва кӯҳи Хона ба баландиҳои ҷангалзор мубаддал хоҳад гардид.

4

БОБИ ЧОРУМ

Малакути ояндаи Масеҳ:

а) ҳамаро фаро мегирад, яъне умумиҷаҳонист.

1 Ва дар айёми охир чунин воқеъ хоҳад шуд,

ки кӯҳи хонаи Худованд бар сари кӯҳҳо барқарор хоҳад гардид,

ва аз пуштаҳо баланд хоҳад шуд,

ва қавмҳо сӯи он равона хоҳанд шуд.

2 Ва халқҳои бисьёр роҳсипор шуда, хоҳанд гуфт:

«Биёед, ба кӯҳи Худованд,

ва ба хонаи Худои Яъқуб бароем,

то ки Ӯ тариқҳои Худро ба мо таълим диҳад,

ва мо бо роҳҳои Ӯ равона шавем».

Зеро ки шариат аз Сион,

ва каломи Худованд аз Ерусалим хоҳад баромад.

б) бар сулҳу осоиштагӣ асос меёбад.

3 Ва Ӯ дар миёни қавмҳои бисьёр доварӣ хоҳад кард,

ва ихтилофоти байни халқҳои азимро то ақсои дурдаст ҳал хоҳад намуд;

ва онҳо шамшерҳои худро барои позаҳо,

ва найзаҳои худро барои досколаҳо хоҳанд шикаст;

ва халқе бар халқе шамшер нахоҳад кашид,

ва ҷангро дигар таълим нахоҳанд гирифт.

в) ба хама осудаҳолиро ваъда мекунад.

4 Ва ҳар яке зери токи худ

ва зери дарахти анҷири худ хоҳанд нишаст,

ва касе онҳоро нахоҳад тарсонид,

зеро ки даҳони Худованди лашкарҳо инро гуфтааст.

5 Зеро ки ҳамаи қавмҳо ҳар яке ба исми худои худ равона мешаванд,

вале мо ба исми Худованд Худои худ то абад равона хоҳем шуд.

г) Исроил муттаҳид мешавад.

6 «Дар он рӯз, мегӯяд Худованд,

лангонро ҷамъ хоҳам кард,

ва рондашудагонро фароҳам хоҳам овард,

ва онҳоеро низ, ки ба сарашон мусибат овардаам.

7 Ва лангонро бақия, ва дуршудагонро халқи азим хоҳам гардонид;

ва Худованд дар кӯҳи Сион бар онҳо аз ҳоло то абад подшоҳӣ хоҳад кард».

8 Ва ту, эй бурҷи рама, эй пуштаи духтари Сион!

Салтанати аввала назди ту хоҳад баргашт,

ва подшоҳӣ аз они духтари Ерусалим хоҳад шуд.

Таъхири он ба сабаби асирии Бобил.

9 Пас чаро ту ҳоло чунин фарьёд мезанӣ?

Оё дар ту подшоҳ нест?

Оё машваратчии ту нобуд шудааст,

ки дард туро мисли зане ки мезояд, фаро гирифтааст?

10 Аз дард мисли зане ки мезояд,

азият каш ва печутоб хӯр, эй духтари Сион,

зеро ки алҳол аз шаҳр берун рафта, дар саҳро сокин хоҳӣ шуд,

ва ба Бобил омада, дар он ҷо раҳоӣ хоҳӣ ёфт:

дар он ҷо Худованд туро аз дасти душманонат халосӣ хоҳад дод.

11 Ва алҳол халқҳои бисьёр бар зидди ту ҷамъ омада,

мегӯянд: «Сион палид хоҳад шуд,

ва чашмони мо инро хоҳад дид!»

12 Вале онҳо фикрҳои Худовандро намедонанд,

ва рои Ӯро намефаҳманд,

зеро ки Ӯ онҳоро мисли бандҳо дар хирмангоҳ ҷамъ кардааст.

13 Бархез ва поймол кун, эй духтари Сион!

Зеро ки Ман шохатро оҳанин,

ва сумҳоятро мисин хоҳам гардонид,

ва ту қавмҳои бисьёрро торумор хоҳӣ кард,

ва ғанимати онҳоро барои Худованд,

ва сарвати онҳоро барои Молики тамоми замин вақф хоҳӣ кард.

5

БОБИ ПАНҶУМ

Подшоҳи таваллудьёфта рад гардид.

1 Алҳол дар фавҷҳо саф бибанд, эй духтари қӯшун!

Моро муҳосира кардаанд;

бари рӯи довари Исроилро бо асо хоҳанд зад.

2 ва ту, эй Байт‐Лаҳми Эфрот,

ки дар миёни хонаводаҳои Яхудо аз ҳама ҷавонтарӣ!

Аз ту барои Ман Ҳокиме дар Исроил хоҳад баромад,

ва баромади Ӯ аз қадим, аз айёми азал аст.

3 Бинобар ин Ӯ онҳоро то вақте ки зани ҳомила бизояд,

таслим хоҳад кард;

ва бақияи бародаронаш бо банӣ‐Исроил хоҳанд баргашт.

Малакути ояндаи Худо.

4 Ва Ӯ хоҳад истод ва бо қудрати Худованд,

бо кибриёи исми Худованд Худои Худ хоҳад чаронид,

ва онҳо сокин хоҳанд шуд,

зеро ки алҳол Ӯ то ақсои замин бузург хоҳад шуд.

5 Ва ин сулҳу осоиштагӣ хоҳад буд.

Вақте ки Ашшур ба замини мо омада,

қасрҳои моро поймол кунад, ҳафт чӯпон ва ҳашт ҳокими қавмро бар зидди вай хоҳем бархезонид.

6 Ва онҳо замини Ашшурро бо шамшер хоҳанд чаронид,

ва замини Нимрӯдро — андаруни дарвозаҳои он;

ва Ӯ аз Ашшур раҳоӣ хоҳад дод, вақте ки вай ба замини мо омада, ҳудуди моро поймол кунад.

7 Ва бақияи Яъқуб дар миёни қавмҳои бисьёр

мисли шабнаме аз ҷониби Худованд,

мисли борони фаровон бар алаф хоҳад буд,

ва ба касе умедвор нахоҳад шуд,

ва ба банӣ‐одам таваккал нахоҳад кард.

8 Ва бақияи Яъқуб дар миёни халқҳо,

андаруни қавмҳои бисьёр мисли шере дар миёни ҳайвоноти ҷангал,

мисли шери ҷавоне андаруни рамаҳои гӯсфандон хоҳад буд,

ки он, агар бигзарад, поймол карда медарад,

ва касе нест, ки раҳоӣ диҳад.

9 Дасти ту бар душманонат боло хоҳад шуд,

ва ҳамаи адуёнат маҳв хоҳанд гардид.

10 «Ва дар он рӯз чунин воқеъ хоҳад шуд, мегӯяд Худованд,

ки аспони туро аз андарунат маҳв,

ва аробаҳои туро нест хоҳам кард;

11 Ва шаҳрҳои мамлакати туро маҳв,

ва ҳамаи қалъаҳои туро валангор хоҳам кард;

12 Ва ҷодуҳоро аз дасти ту маҳв хоҳам кард,

ва онҳое ки аз рӯи намуди абрҳо фол мегиранд, дигар дар ту нахоҳанд буд;

13 Ва санамҳо ва сутунҳои туро аз андаруни ту маҳв хоҳам кард;

ва дигар ба амали дастҳои худ саҷда нахоҳӣ кард;

14 Ва бутҳои Ашераи туро аз андаруни ту барҳам хоҳам дод,

ва шаҳрҳои туро нест хоҳам кард.

15 Ва бо хашм ва ғазаб аз халқҳое ки намешунаванд,

интиқом хоҳам гирифт».

6

БОБИ ШАШУМ

Мубоҳиса дар миёни Худо ва қавм: пештар ва алҳол.

1 Он чи Худованд мегӯяд, бишнавед:

«Бархез, назди кӯҳҳо мубоҳиса намо,

ва бигзор пуштаҳо овози туро бишнаванд».

2 Худовандро бишнавед, эй кӯҳҳо,

ва шумо, эй асосҳои матини замин,

зеро ки Худованд бо қавми Худ талош дорад,

ва бо Исроил мубоҳиса хоҳад кард.

3 «Эй қавми Ман! Ба ту чӣ кардаам ва бар ту чӣ гароние овардаам?

Ба зидди Ман шаҳодат бидеҳ.

4 Ман туро, охир, аз замини Миср баровардам,

ва туро аз хонаи бандагӣ фидия дода гирифтам,

ва пешопеши ту Мусо, Ҳорун ва Марьямро фиристодам.

5 Эй қавми Ман, ба ёд овар,

ки Болоқ подшоҳи Мӯоб чӣ машварате дод,

ва Билъом ибни Баӯр ба вай чӣ ҷавобе дод,

ва аз Шиттим то Ҷилҷол чиҳо ба вуқӯъ омад,

то ки марҳаматҳои Худовандро бидонӣ».

6 «Бо чӣ чиз ба ҳузури Худованд биёям

ва пеши Худои Таоло таъзим намоям?

Оё бо қурбониҳои сӯхтанӣ,

бо гӯсолаҳои яксола ба ҳузури Ӯ биёям?

7 Оё Худованд аз ҳазорҳо қӯчқор

ва аз беварҳо наҳри равған розӣ хоҳад шуд?

Оё писари нахустзодаи худро барои ҷиноятам,

ва самари батни худро барои гуноҳи ҷонам бидиҳам?»

8 Ба ту, эй одамизод, гуфта шудааст, ки чӣ чиз некӯст,

ва Худованд аз ту чӣ чизро талаб мекунад,

яъне фақат инро, ки аз рӯи инсоф амал намоӣ,

ва марҳаматро дӯст дорӣ, ва дар ҳузури Худои худ бо фурӯтанӣ роҳ равӣ.

9 Овози Худованд ба шаҳр нидо медиҳад,

ва соҳибҳикмат исми Туро мӯҳтарам медорад:

«Бишнавед, ки чӣ гуна асои мазаммат муҳайёст,

ва кӣ онро таъин намудааст.

10 Оё ҳанӯз дар хонаи шарир ганҷҳои шарорат

ва эфаи ноқиси нафратангез мавҷуд нест?

11 Оё бо тарозуи нодуруст ва бо халтаи сангҳои

фиребгарона сафед шудани кас мумкин аст?

12 Азбаски сарватдоронаш пур аз ситам мебошанд,

ва сокинонаш дурӯғгӯӣ мекунанд,

ва забонашон дар даҳонашон аз фиреб иборат аст,

13 Ман низ туро зарбаи ҳалокатовар зада,

барои гуноҳҳоят валангор хоҳам кард.

14 Ту хоҳӣ хӯрд, вале сер нахоҳӣ шуд,

ва гуруснагии ту андаруни ту хоҳад монд;

ва пинҳон хоҳӣ сохт, вале халос нахоҳӣ кард,

ва он чиро, ки халос кунӣ,

Ман ба шамшер хоҳам супурд.

15 Ту кишт хоҳӣ кард, вале нахоҳӣ даравид;

ту зайтунро пахш хоҳӣ кард,

вале ба баданат равған нахоҳӣ молид,

ва шираи ангур ҳосил хоҳӣ кард, вале шароб нахоҳӣ нӯшид.

16 Ва фароизи Омрӣ ва тамоми аъмоли хонадони Аҳъоб нигоҳ дошта мешавад,

ва шумо бар тибқи машваратҳои онҳо рафтор мекунед,

то ки туро ба харобӣ,

ва сокинонашро ба истеҳзо гирифтор намоям,

ва нанги қавми Маро шумо хоҳед бардошт».

7

БОБИ ҲАФТУМ

Камшумории порсоён. Ваъдаи марҳамати Худо.

1 Вой ба ҳоли ман!

Зеро ки мисли анҷоми ғунучини меваҳои тобистон,

мисли чидани шингилҳои охирини ангур гардидаам:

на шингиле барои хӯрдан ҳаст, на навбари анҷир,

ки ҷонам иштиёқманди он аст.

2 Порсо аз замин талаф шудааст,

ва росткоре дар миёни одамон нест;

ҳама барои хунрезӣ камин мегиранд,

якдигарро ба дом медароранд.

3 Ҳар ду дасташонро ба бадӣ кардан нағз одат кунонидаанд:

сарвар ришва металабад,

ва довар ба бадали музд амал мекунад,

ва шахси олиҷоҳ иштиёқи нафси худро баён менамояд,

ва ҳама каҷкорӣ мекунанд.

4 Беҳтарини онҳо мисли хор нешдор аст,

росткори онҳо аз хорбаст бадтар;

рӯзи дидбонони ту, яъне ҷазои ту фаро мерасад;

акнун изтироби онҳо пурзӯр хоҳад шуд.

5 Ба ёр имон наоваред, ба дӯст таваккал накунед;

дари даҳонатро аз ҳамхобаи худ нигоҳдорӣ намо.

6 Зеро ки писар падарро таҳқир мекунад,

духтар ба зидди модари худ,

келин ба зидди модаршӯи худ қиём менамояд:

душманони шахс аҳли байти ӯ мебошанд.

Овози бақияи қавм дар рӯзҳои охир.

7 Вале ман ба Худованд интизорӣ мекашам,

ба Худои наҷоти худ таваккал мекунам:

Худои ман маро иҷобат хоҳад намуд.

8 Ба аҳволи ман шодӣ накун, эй душмани ман!

Зеро, агарчи фурӯ ғалтидаам, хоҳам бархост;

зеро, агарчи дар торикӣ нишастаам, Худованд нур аст барои ман.

9 Ғазаби Худовандро хоҳам бардошт,

зеро ки пеши Ӯ гуноҳ кардаам;

то даме ки Ӯ доди маро бигирад ва доварии маро ба амал оварад,

маро ба рӯшноӣ хоҳад баровард,

ва ман адолати Ӯро хоҳам дид.

10 Ва душманам инро хоҳад дид,

ва ӯро хиҷолат фаро хоҳад гирифт,

ки ӯ ба ман мегӯяд: «Худованд Худои ту куҷост?»

Чашмони ман ӯро хоҳад дид,

вақте ки ӯ мисли лои кӯчаҳо поймол гардад.

11 Рӯзи бино кардани деворҳоят, —

он рӯз ҳанӯз бағоят дур аст.

12 Дар он рӯз аз Ашшур ва аз шаҳрҳои Миср,

ва аз Миср то наҳри Фурот, ва аз баҳр то баҳр,

ва аз кӯҳ то кӯҳ назди ту хоҳанд омад.

13 Ва он замин бо сокинонаш, дар натиҷаи аъмолашон,

ба харобазор табдил хоҳад ёфт.

14 Қавми Худро бо асои Худ чӯпонӣ намо,

яъне гӯсфандони мероси Худро,

ки дар ҷангале андаруни Кармил ба танҳоӣ сокин мебошанд;

бигзор онҳо мисли айёми қадим дар Бошон ва Ҷилъод бичаранд.

15 «Мисли айёме ки аз Миср берун омадӣ,

корҳои аҷоибе ба вай нишон хоҳам дод».

16 Халқҳо инро дида,

аз тамоми тавоноии худ хиҷил хоҳанд шуд;

даст бар даҳон хоҳанд гузошт, ва гӯшҳошон кар хоҳад шуд;

17 Мисли мор хокро хоҳанд лесид,

мисли хазандагони замин аз истеҳкомоти худ бо ларза берун хоҳанд омад;

сӯи Худованд Худои мо бо ҳарос хоҳанд омад,

ва аз Ту хоҳанд тарсид.

18 Кист Худое мисли Ту, ки гуноҳро омурзад

ва аз ҷинояти бақияи мероси Худ гузароӣ кунад?

Ӯ ғазаби Худро то абад нигоҳ намедорад,

зеро ки марҳаматро дӯст медорад.

19 Ӯ боз ба мо раҳм хоҳад кард,

маъсиятҳои моро поймол хоҳад намуд.

Ва Ту ҳамаи гуноҳҳои моро дар қаъри баҳр хоҳӣ андохт;

20 Садоқатро ба Яъқуб,

ва марҳаматро ба Иброҳим зоҳир хоҳӣ намуд,

чунон ки аз айёми қадим ба падарони мо қасам хӯрдаӣ.