КИТОБИ

МАЛОКИИ НАБӢ

1

БОБИ ЯКУМ

Муҳаббати Худо ба Исроил ва носипосии вай.

1 Ваҳйи каломи Худованд дар бораи Исроил ба воситаи Малокӣ.

2 Ман шуморо дӯст доштаам, мегӯяд Худованд. Вале шумо мегӯед: «Муҳаббати Худро ба мо дар чӣ зоҳир намудаӣ?» Оё Эсови бародари Яъқуб набуд? — мегӯяд Худованд. — Вале Ман Яъқубро дӯст доштам,

3 Ва аз Эсов нафрат кардам, ва кӯҳҳои варо валангор намуда, амлокашро макони шағолҳои биёбон гардонидам.

4 Агар Адӯм бигӯяд: «Мо валангор гардидаем, вале харобазорро аз нав бино хоҳем кард», пас Худованди лашкарҳо чунин мегӯяд: «Онҳо бино хоҳанд кард, вале Ман вайрон хоҳам намуд, ва онҳоро ҳудуди шарорат ва қавме хоҳанд номид, ки Худованд бар онҳо то абад ғазаб кардааст».

5 Ва чашмони шумо инро хоҳад дид, ва шумо хоҳед гуфт: «Кибриёи Худованд берун аз ҳудуди Исроил афзудааст».

6 Писар падарро иззат мекунад, ва ғулом — оғои худро; пас агар Ман падар бошам, иззати Ман куҷост? Ва агар Ман оғо бошам, ҳайбати Ман куҷост? — мегӯяд Худованди лашкарҳо ба шумо, эй коҳинон, ки исми Маро беҳурмат месозед, ва мегӯед: «Бо чӣ мо исми Туро беҳурмат сохтаем?»

7 Бар қурбонгоҳи Ман нони палид меоваред, ва мегӯед: «Бо чӣ мо Туро беҳурмат сохтаем?» Бо ин ки дар дили худ мегӯед: «Суфраи Худованд сазовори ҳурмат нест».

8 Ва ҳангоме ки шумо ҳайвони кӯрро барои қурбонӣ меоваред, оё ин кор нодуруст нест? Ва ҳангоме ки ҳайвони ланг ва касалро меоваред, оё ин кор нодуруст нест? Агар онро ба волии худ пешкаш намоӣ, оё вай аз ту розӣ шуда, ба ту таваҷҷӯҳ хоҳад кард? — мегӯяд Худованди лашкарҳо.

9 Ва акнун ба ҳузури Худованд илтиҷо намоед, то ки бар мо марҳамат кунад; модоме ки чунин кор аз дасти шумо омадааст, оё Ӯ метавонад ба касе аз байни шумо таваҷҷӯҳ намояд? — мегӯяд Худованди лашкарҳо.

10 Кошки касе низ аз байни шумо ёфт мешуд, ки дарҳоро бандад, то ки бар қурбонгоҳи Ман бар абас оташ дарнагиронанд! Ҳусни таваҷҷӯҳи Ман бар шумо нест, мегӯяд Худованди лашкарҳо, ва ҳадияеро аз дасти шумо хоҳон нестам.

11 Зеро ки аз тулӯи офтоб то ғуруби он исми Ман дар миёни халқҳо бузург аст, ва дар ҳар ҷо ба исми Ман бухур ва ҳадияи поке оварда мешавад, зеро ки исми Ман дар миёни халқҳо бузург аст, мегӯяд Худованди лашкарҳо.

12 Валекин шумо онро беҳурмат месозед бо ин ки дар дили худ мегӯед: «Суфраи Худованд палид аст, ва неъматаш, яъне таомаш сазовори ҳурмат нест».

13 Ва мегӯед: «Ин чӣ заҳмат аст!». Ва ба он беэътиноӣ мекунед, мегӯяд Худованди лашкарҳо, ва ҳайвони даридашуда, ва ланг, ва касалро меоваред, ва инро барои ҳадия меоваред; оё Ман онро аз дасти шумо метавонам қабул кунам? — мегӯяд Худованд.

14 Ва малъун бод фиребгаре ки қӯчқори хубе дар рамаи худ дорад, ва назр намудааст, вале ҳайвони маъюберо барои Худованд курбонӣ мекунад, зеро ки Ман, мегӯяд Худованди лашкарҳо, Подшоҳи бузург ҳастам, ва исми Ман дар миёни халқҳо саҳмгин аст.

2

БОБИ ДУЮМ

Мазаммат кардани гуноҳҳои коҳинон ва тамоми қавм.

1 Ва акнун барои шумо, эй коҳинон, чунин ҳукме ҳаст:

2 Агар нашнавед, ва агар дар дили худ ҷо накунед, ки бояд исми Маро ҷалол диҳед, мегӯяд Худованди лашкарҳо, Ман бар шумо лаънат хоҳам фиристод, ва баракоти шуморо лаънат хоҳам гуфт, ва аллакай лаънат гуфтаам, чунки шумо инро дар дили худ ҷо накардаед.

3 Инак, Ман аз боиси шумо зироатро лаънат хоҳам хонд, ва саргинро, яъне саргини идҳои шуморо бар рӯйҳои шумо хоҳам пошид, ва бо ахлот дур карда хоҳед шуд.

4 Ва хоҳед донист, ки Ман ин ҳукмро ба шумо фиристодаам, то ки аҳди Ман бо Левӣ қоим бошад, мегӯяд Худованди лашкарҳо.

5 Аҳди Ман бо ӯ аҳди ҳаёт ва осоиштагӣ буд, ва Ман онҳоро ба хотири тарси ӯ ба ӯ додам, ва ӯ аз Ман метарсид, ва аз исми Ман ларзон буд.

6 Шариати ҳақиқат дар даҳони ӯ буд, ва ноинсофӣ бар лабҳояш ёфт намешуд; дар осоиштагӣ ва ростӣ ба хузури Ман рафтор менамуд, ва касони бисьёрро аз гуноҳ боздошт.

7 Зеро ки лабҳои коҳин донишро маҳфуз медорад, ва шариатро аз даҳони ӯ металабанд, зеро ки ӯ элчии Худованди лашкарҳост.

8 Вале шумо аз роҳ дур шуда, касони бисьёрро дар масъалаҳои шариат дар иштибоҳ андохтед, ва аҳди Левиро шикастед, мегӯяд Худованди лашкарҳо.

9 Бинобар ин Ман низ шуморо пеши тамоми қавм мутанаффир ва залил хоҳам гардонид, чунон ки шумо роҳҳои Маро риоя накардед ва дар масъалаҳои шариат бо рӯбинӣ рафтор намудед.

10 Ҳамаи мо, охир, як падар дорем, ва ҳамаи моро, охир, як Худо офаридааст! Пас чаро дар ҳаққи якдигар хиёнат карда, аҳди падарони худро беҳурмат созем?

Гуноҳи заношӯӣ бо завҷаи аҷнабӣ; аҳдшиканӣ нисбат ба Худо ва нисбат ба ёри худ.

11 Яҳудо хиёнат кардааст, ва дар Исроил ва Ерусалим қабоҳат ба амал омадааст, зеро ки Яҳудо қудси Худовандро, ки Ӯ дӯст медошт, беҳурмат сохта, духтари худои бегонаро ба никоҳи худ даровардааст.

12 Худованд ҳар касро, ки чунин амал менамояд, ҳам касеро, ки дар посгоҳаш бедор истода нидо мекунад, ҳам касеро, ки ба он нидо ҷавоб мегардонад, ва ҳам касеро, ки барои Худованди лашкарҳо ҳадия меоварад, аз хаймаҳои Яъқуб маҳв хоҳад кард.

13 Ва ин аст амали дуюме ки шумо кардаед: курбонгоҳи Худовандро бо ашк ва гирья ва нола пӯшонидаед, дар сурате ки Ӯ дигар ба ҳадия назар намеандозад ва онро аз дасти шумо бо хусни таваҷҷӯҳ қабул намекунад.

14 Ва мегӯед: «Аз чӣ сабаб?» Аз он сабаб, ки Худованд дар миёни ту ва завҷаи ҷавонии ту шоҳид буд, ва ту дар ҳаққи вай хиёнат кардаӣ, ва ҳол он ки вай дӯсти ту ва завҷаи ҳамаҳди ту буд.

15 Ва оё онҳоро Худои Ягона, ки ҳам ҷисм ва ҳам рӯҳ ба Ӯ тааллуқ дорад, наофаридааст? Ва Он Ягона чиро хоҳон аст? Насли Худоро хоҳон аст. Пас, рӯҳи худро нигоҳдорӣ намоед, ва зинҳор касе дар ҳаққи завҷаи ҷавонин худ хиёнат накунад.

16 «Зеро ки Ман аз талоқ нафрат дорам, мегӯяд Худованд Худои Исроил, ва аз касе низ, ки зулмро бар либоси худ мепӯшад, мегӯяд Худованди лашкарҳо; пас, рӯҳи худро нигохдорӣ намоед ва хиёнат накунед».

17 Шумо Худовандро бо суханони худ заҳмат медиҳед, ва мегӯед: «Бо чӣ Ӯро заҳмат додаем?» Бо ин ки шумо мегӯед: «Ҳар бадкирдор дар назари Худованд хуб аст, ва Ӯ ба онҳо таваҷҷӯҳ мекунад», ё ки: «Худои адлу инсоф куҷост?»

3

БОБИ СЕЮМ

Пешгӯӣ дар бораи Яҳьёи Таъмиддиҳанда ва дар бораи омадани Масеҳ.

1 Инак, Ман қосиди Худро мефиристам, ва ӯ роҳро пеши Ман холӣ хоҳад кард; ва ногаҳон Худованд, ки шумо толиби Ӯ ҳастед, ба қасри Худ хоҳад омад, ва қосиди аҳд низ, ки шумо муштоқи Ӯ мебошед; инак, меояд, мегӯяд Худованди лашкарҳо.

2 Ва кист, ки ба рӯзи омадани Ӯ тавонад тоб оварад? Ва кист, ки дар вақти зуҳури Ӯ тавонад истодагӣ намояд? Зеро ки Ӯ мисли оташи гудозанда ва мисли ишқори шустагарон хоҳад буд.

3 Ва ҳамчун гудозанда ва тозакунандаи нуқра нишаста, банӣ‐Левиро тоза хоҳад кард, ва онҳоро мисли тилло ва нуқра гудохта, беғаш хоҳад гардонид, то ки ҳадияро барои Худованд аз сидқи дил пешкаш намоянд.

4 Он гоҳ ҳадияи Яхудо ва Ерусалим ба Худованд писанд хоҳад омад, чунон ки дар айёми қадим ва дар солҳои пешина буд.

5 Ва Ман барои доварӣ назди шумо хоҳам омад, ва ба зидди ҷодугарон ва зинокорон ва касоне ки қасами дурӯғ мехӯранд, ва ба зидди онҳое ки музди муздур, бева ва ятимро намедиҳанд, ва нисбат ба ғарибе каҷкорӣ мекунанд, ва аз Ман наметарсанд, бо зудӣ шаҳодат хоҳам дод, мегӯяд Худованди лашкарҳо.

6 Зеро Ман, ки Худованд ҳастам, тағьир наёфтаам, ва аз ин рӯ шумо, эй банӣ‐Яъқуб, несту нобуд нашудаед.

Қавм Худоро ғорат мекунанд.

7 Шумо аз айёми падарони худ аз фароизи Ман дур шуда, онҳоро риоя накардаед. Сӯи Ман баргардед, ва Ман сӯи шумо хоҳам баргашт, мегӯяд Худованди лашкарҳо. Шумо мегӯед: «Чӣ гуна баргардем?»

8 Оё равост, ки одамизод Худоро ғорат кунад? Ва ҳол он ки шумо Маро ғорат мекунед, ва мегӯед: «Дар чӣ бобат мо Туро ғорат кардаем?», дар бобати ушр ва ионат.

9 Шумо гирифтори лаънати сахт гардидаед, чунки шумо, яъне тамоми халқ Маро ғорат кардаед.

10 Тамоми ушрро ба хазинахона биёред, то ки дар хонаи Ман хӯроке бошад, ва бо ин Маро имтиҳон намоед, мегӯяд Худованди лашкарҳо, ки оё Ман равзанҳои осмонро барои шумо намекушоям, ва баракати аз ҳад зиёде бар шумо фурӯ намерезам?

11 Ва Ман барои шумо фурӯбарандаи ҳосилро манъ хоҳам намуд, ва самараи замини шуморо вай маҳв нахоҳад кард, ва ғӯраи токи шумо дар саҳро нобуд нахоҳад шуд, мегӯяд Худованди лашкарҳо.

12 Ва шуморо ҳамаи халқҳо хушбахт хоҳанд хонд, зеро ки шумо замини матлуб хоҳед буд, мегӯяд Худованди лашкарҳо.

13 Суханони шумо дар ҳаққи Ман сахт буд. Ва мегӯед: «Дар ҳаққи Ту чӣ гуфтаем?»

14 Шумо гуфтед: «Ибодати Худо бефоида аст; чӣ суде дошт, ки мо хизмати Ӯро ба ҷо овардем, ва ба ҳузури Худованди лашкарҳо маҳзунона рафтор намудем?

15 Ва алҳол мо хушбахтии ноинсофонро мушоҳида менамоем, ки ба воситаи бадкорӣ ба некӯаҳволӣ ноил гардидаанд, ва Худоро озмуда, аз ҷазо раҳо шудаанд».

Дар бораи бақияи муқаддас.

16 Он вақт тарсгорони Худованд бо якдигар сухан меронданд, ва Худованд гӯш андохта, инро мешунид, ва ба ҳузури Ӯ ин дар китоби ёддошт, ки барои тарсгорони Худованд ва азиздорандагони исми Ӯ мебошад, навишта мешуд.

17 «Ва онҳо, мегӯяд Худованди лашкарҳо, дар он рӯзе ки Ман амал намоям, барои Ман ганҷи гузин хоҳанд буд, ва Ман ба онҳо раҳм хоҳам намуд, чунон ки одам ба писари худ, ки барои ӯ хизмат мекунад, раҳм менамояд.

18 Ва шумо аз нав фарқи байни одил ва шарирро, байни касе ки ба Худо хизмат мекунад, ва касе ки ба Ӯ хизмат намекунад, хоҳед дид.

4

БОБИ ЧОРУМ

Дар бораи рӯзи Худованд ва омадани Масеҳ

1 Зеро инак, рӯзе ки мисли танӯр фурӯзон аст, меояд; ва ҳамаи ноинсофон ва ҳамаи бадкорон мисли хас хоҳанд буд, ва он рӯзе ки меояд, онҳоро хоҳад сӯзонид, мегӯяд Худованди лашкарҳо, ба тавре ки барои онҳо решае ва шохае боқӣ нахоҳад гузошт.

2 Вале барои шумо, эй тарсгорони исми Ман, офтоби адолат тулӯъ хоҳад намуд, ва дар шуоъҳои он шифо хоҳад буд; ва шумо берун омада, мисли гӯсолаҳои охурӣ ҷастухез хоҳед кард.

3 Ва шариронро поймол хоҳед кард, зеро дар он рӯзе ки Ман амал намоям, онҳо зери кафи пойҳои шумо мисли хокистар хоҳанд буд.

4 Тавроти бандаи Ман Мусоро, ки ба ӯ дар Ҳӯриб бо фароиз ва дастурҳо барои тамоми Исроил амр фармудаам, дар хотир нигоҳ доред.

Ильёс аввал меояд.

5 Инак, Ман Ильёси набиро пеш аз фаро расидани рӯзи бузург ва саҳмгини Худованд назди шумо мефиристам.

6 Ва ӯ дили падаронро сӯи писарон, ва дили писаронро сӯи падарон хоҳад баргардонид, мабодо биёям ва заминро ба таҳлука гирифтор намоям».