КИТОБИ СЕЮМИ МУСО

ИБОДАТ

1

БОБИ ЯКУМ

Дар бораи қурбонии сӯхтанӣ.

1 Ва Худованд Мусоро хонд, ва аз хаймаи ҷомеъ ба ӯ сухан ронда, гуфт:

2 «Ба банӣ‐Исроил сухан ронда, ба онҳо бигӯ: вақте ки касе аз шумо бихоҳад барои Худованд қурбонӣ кунад, — қурбонии худро аз чорпоён, яъне аз галаи говон ва аз рамаи гӯсфандон ва бузон тақдим намояд.

3 Агар қурбонии ӯ қурбонии сӯхтание аз гала бошад, бигзор чорпои нари беайбро тақдим намояд; онро назди дари хаймаи ҷомеъ тақдим намояд, то ки ба ҳузури Худованд таваҷҷӯҳ ёбад.

4 Ва дасти худро бар сари қурбонии сӯхтанӣ мемонад, ва ӯ таваҷҷӯҳ меёбад, то ки гуноҳҳояш кафорат шавад.

5 Ва гӯсоларо ба ҳузури Худованд забҳ мекунад, ва писарони Ҳорун, коҳинон, хунро наздик меоваранд, ва хунро бар қурбонгоҳе ки назди хаймаи ҷомеъ аст, гирдогирд мепошанд.

6 Ва ӯ қурбонии сӯхтаниро пӯст канда, ба андоми он пора мекунад.

7 Ва писарони Ҳоруни коҳии бар қурбонгоҳ оташ гузошта, ҳезум бар оташ мечинанд.

8 Ва писарони Ҳорун, коҳинон, ин андом, калла ва чарбуро бар ҳезуме ки бар оташи рӯи қурбонгоҳ мебошад, мечинанд.

9 Ва ӯ амъои он ва почаҳои онро бо об мешӯяд, ва коҳин ҳар он чиро, ки бар қурбонгоҳ мебошад, месӯзонад, — ин қурбонии сӯхтанӣ, ҳадияи оташин, атри гуворо барои Худованд аст.

10 Ва агар қурбонии ӯ аз рама, яъне аз гӯсфандон ё аз бузон бошад, бигзор барои қурбонии сӯхтанӣ чорпои нари беайбро тақдим намояд.

11 Ва онро бар тарафи шимолии қурбонгоҳ ба ҳузури Худованд забҳ мекунад, ва писарони Ҳорун, коҳинон, хуни онро бар қурбонгоҳ гирдогирд мепошанд.

12 Ва ӯ онро ба андоми он пора карда, каллааш ва чарбуяшро ҷудо мекунад, ва коҳин онҳоро бар ҳезуме ки бар оташи рӯи қурбонгоҳ мебошад, мечинад.

13 Ва ӯ амъо ва почаҳоро бо об мешӯяд; ва коҳин ҳамаашро наздик оварда, бар қурбонгоҳ месӯзонад, — ин қурбонии сӯхтанӣ, ҳадияи оташин, атри гуворо барои Худованд аст.

14 Ва агар қурбонии ӯ барои Худованд, яъне қурбонии сӯхтанӣ аз парандагон бошад, бигзор қурбонии худро аз фохтаҳо ё аз чӯҷаҳои кабӯтар тақдим намояд.

15 Ва коҳин онро ба қурбонгоҳ наздик оварда, каллаашро мешиканад, ва бар қурбонгоҳ месӯзонад, пас аз он ки хуни он бар девори қурбонгоҳ фушурда шавад.

16 Ва чиғилдонашро бо парҳояш ҷудо мекунад, ва онро назди қурбонгоҳ, ба тарафи шарқӣ, дар маконе ки хокистар мебошад, мепартояд.

17 Ва онро аз миёни болҳояш чок мекунад, вале аз ҳам ҷудо намекунад, ва коҳин онро бар қурбонгоҳ бар ҳезуме ки бар оташ мебошад, месӯзонад, — ин қурбонии сӯхтанӣ, ҳадияи оташин, атри гуворо барои Худованд аст.

2

БОБИ ДУЮМ

Дар бораи ҳадияи ордӣ.

1 Ва агар касе бихоҳад қурбонии ҳадияи ордиро барои Худованд тақдим намояд, — бигзор орди маҳин қурбонии ӯ бошад, ва равған бар он бирезад, ва лебӯно бар он бимонад.

2 Ва онро ӯ ба писарони Ҳорун, коҳинон, мебиёрад, ва коҳин аз он, яъне аз орди маҳинаш, ва равғанаш, бо тамоми лебӯнояш, як мушти пур мегирад, ва онро ҳамчун ҳиссаи ёдгорӣ бар қурбонгоҳ месӯзонад, — ин қурбонии оташин, атри гуворо барои Худованд аст.

3 Ва он чи аз ҳадияи ордӣ боқӣ мемонад, аз они Ҳорун ва писаронаш хоҳад буд; ин қудси қудсҳост аз ҳадияҳои оташини Худованд.

4 Ва агар қурбонии ҳадияи ордиро аз чизҳои дар танӯр пухташуда тақдим намоӣ, — қурсҳои фатире биёр, ки барояш орди маҳин бо равған омехта хамир карда шуда бошад; ё нончаҳои фатири тунуке биёр, ки баъд аз пухтан равған бар он молида шуда бошад.

5 Ва агар қурбонии ту ҳадияи ордие бошад, ки бар тоба пухтаӣ, — барояш бояд орди маҳин бо равған омехта хамир карда шавад, яъне он бояд фатир бошад.

6 Онро реза карда, равған бар он бирез; ин ҳадияи ордист.

7 Ва агар қурбонии ту ҳадияи ордие бошад, ки дар дег бирьён кардаӣ, — он бояд аз орди маҳин бо равған тайёр карда шавад.

8 Ва ҳадияи ордиеро, ки аз ин чизҳо тайёр карда шудааст, барои Худованд оварда, пеши коҳин мемонӣ, ва ӯ онро назди қурбонгоҳ меоварад.

9 Ва коҳин аз ҳадияи ордӣ ҳиссаи ёдгории онро бардошта, бар қурбонгоҳ месӯзонад, — ин қурбонии оташин, атри гуворо барои Худованд аст.

10 Ва он чи аз ҳадияи ордӣ боқӣ мемонад, аз они Ҳорун ва писаронаш хоҳад буд; ин қудси қудсҳост аз ҳадияҳои оташини Худованд.

11 Ҳеҷ як ҳадияи ордие ки барои Худованд тақдим менамоед, набояд бо хамиртуруш тайёр карда шавад, зеро ки ҳеҷ як хамиртуруш ва ҳеҷ як асалро набояд барои Худованд ҳамчун қурбонии оташин бисӯзонед.

12 Онҳоро ҳамчун қурбонии навбарҳо метавонед барои Худованд тақдим намоед, вале онҳо набояд бар қурбонгоҳ барои атри гуворо бароварда шавад.

13 Ва ҳар қурбонии ҳадияи ордии худро бо намак намакин бикун, ва намаки аҳди Худои худро аз ҳадияи ордии худ дур накун; бо ҳар курбонии худ намак биёр.

14 Ва ҳангоме ки ҳадияи ордии навбарҳоро барои Худованд тақдим менамоӣ, — аз хӯшаҳои бар оташ бирьён кардашуда, аз ярмаи кӯфташуда ҳадияи ордии навбарҳои худро тақдим намо.

15 Ва равған бар он бирез, ва лебӯно бар он бимон, — ин ҳадияи ордист.

16 Ва коҳин ҳиссаи ёдгории онро аз ярмаи он ва аз равғани он, бо тамоми лебӯнои он месӯзонад, — ин қурбонии оташин барои Худованд аст.

3

БОБИ СЕЮМ

Дар бораи қурбонии саломатӣ.

1 Ва агар қурбонии касе забҳи саломатӣ бошад, — агар ӯ аз говони хоҳ нар ва хоҳ мода тақдим намояд, — бигзор беайби онҳоро ба ҳузури Худованд тақдим намояд.

2 Ва дасти худро бар сари қурбонии худ мемонад, ва онро назди дари хаймаи ҷомеъ забҳ мекунад; ва писарони Ҳорун, коҳинон, хунро бар қурбонгоҳ гирдогирд мепошанд.

3 Ва ӯ аз забҳи саломатӣ инҳоро ҳамчун қурбонии оташин барои Худованд тақдим менамояд: чарбуе ки амъоро мепӯшонад, ва тамоми чарбуе ки бар амъо мебошад,

4 Ва ду гурда, ва чарбуе ки бар онҳо то худи ронҳо мебошад, ва қабати чарбуе ки бар ҷигар аст, — бигзор онро бо гурдаҳо ҷудо кунад.

5 Ва писарони Ҳорун онро бар қурбонгоҳ бо қурбонии сӯхтанӣ бар ҳезуме ки бар оташ мебошад, месӯзонанд, — ин қурбонии оташин, атри гуворо барои Худованд аст.

6 Ва агар қурбонии забҳи саломатии ӯ барои Худованд аз рама бошад, бигзор чорпои нар ё модаи беайбро тақдим намояд.

7 Агар ӯ гӯсфанде қурбонӣ кунад, бигзор онро ба ҳузури Худованд тақдим намояд.

8 Ва ӯ дасти худро бар сари қурбонии худ мемонад, ва онро назди хаймаи ҷомеъ забҳ мекунад, ва писарони Ҳорун хуни онро бар қурбонгоҳ гирдогирд мепошанд.

9 Ва аз забҳи саломатӣ инҳоро ҳамчун қурбонии оташин барои Худованд тақдим менамояд: чарбуи он, тамоми дунбаи он, ки то худи думғоза ҷудо карда шуда бошад, ва чарбуе ки амъоро мепӯшонад, ва тамоми чарбуе ки бар амъо мебошад.

10 Ва ду гурда ва чарбуе ки бар онҳо ва бар ронҳо мебошад, ва қабати чарбуе ки бар ҷигар аст, — бигзор онро бо гурдаҳо ҷудо кунад.

11 Ва коҳин онро бар қурбонгоҳ месӯзонад, — ин хӯроки қурбонии оташин аст барои Худованд.

12 Ва агар қурбонии ӯ буз бошад, бигзор онро ба ҳузури Худованд тақдим намояд.

13 Ва ӯ дасти худро бар сари он мемонад, ва онро назди хаймаи ҷомеъ забҳ мекунад, ва писарони Ҳорун хуни онро бар қурбонгоҳ гирдогирд мепошанд.

14 Ва қурбонии худро, ҳамчун қурбонии оташин барои Худованд, аз он тақдим менамояд: чарбуе ки амъоро мепӯшонад, ва тамоми чарбуе ки бар амъо мебошад,

15 Ва ду гурда, ва чарбуе ки бар онҳо ва бар ронҳо мебошад, ва қабати чарбуе ки бар ҷигар аст, — бигзор онро бо гурдаҳо ҷудо кунад.

16 Ва коҳин онҳоро бар қурбонгоҳ месӯзонад, — ин хӯроки қурбонии оташин барои атри гуворост; тамоми чарбу аз они Худованд аст.

17 Қонуни абадӣ барои ҳамаи наслҳои шумо дар ҳамаи масканҳои шумо ин аст, ки ҳеҷ чарбу ва ҳеҷ хунро нахӯред».

4

БОБИ ЧОРУМ

Дар бораи қурбонии гуноҳ.

1 Ва Худованд ба Мусо сухан ронда, гуфт:

2 «Ба банӣ‐Исроил сухан ронда, бигӯ: агар касе дар ҳар кадом аҳкоми наҳйи Худованд саҳван гуноҳ карда, бар хилофи яке аз онҳо амал намояд,

3 Агар коҳини тадҳиншуда гуноҳе карда, сабаби гуноҳкор шудани қавм гардида бошад, — бигзор барои гуноҳе ки кардааст, гӯсолаи беайберо аз галаи говон барои қурбонии гуноҳ ба Худованд тақдим намояд.

4 Ва он гӯсоларо назди дари хаймаи ҷомеъ ба ҳузури Худованд мебиёрад, ва дасти худро бар сари гӯсола мемонад, ва гӯсоларо ба хузури Худованд забҳ мекунад;

5 Ва коҳини тадҳиншуда аз хуни гӯсола мегирад, ва онро ба хаймаи ҷомеъ дохил мекунад.

6 Ва коҳин ангушти худро дар хун меғӯтонад, ва аз хун ба ҳузури Худованд ҳафт карат пеши пардаи қудс мепошад.

7 Ва коҳин аз он хун бар шохҳои қурбонгоҳи бухури муаттар, ки ба ҳузури Худованд дар хаймаи ҷомеъ аст, мемолад, ва тамоми бақияи хуни гӯсоларо бар буньёди қурбонгоҳи қурбонии сӯхтанӣ, ки назди дари хаймаи ҷомеъ аст, мерезад;

8 Ва тамоми чарбуи гӯсолаи қурбонии гуноҳро бигзор аз он бардорад: чарбуе ки амъоро мепӯшонад, ва тамоми чарбуе ки бар амъо мебошад,

9 Ва ду гурда ва чарбуе ки бар онҳо то худи ронҳо мебошад, ва қабати чарбуе ки бар ҷигар аст, — онро бо гурдаҳо чудо мекунад, —

10 Чунон ки он аз гови забҳи саломатӣ ҷудо карда мешавад; ва коҳин онҳоро бар қурбонгоҳи қурбонии сӯхтанӣ месӯзонад.

11 Ва пӯсти гӯсола, ва тамоми гӯшти он бо каллааш ва почаҳояш ва амъояш ва саргинаш, —

12 Яъне тамоми гӯсоларо бояд ба беруни ӯрдугоҳ, ба макони пок, ки он ҷо хокистарро мерезанд, бибарад, ва онро бар ҳезум дар оташ бисӯзонад; дар маконе ки хокистарро мерезанд, бигзор сӯзонида шавад.

13 Ва агар тамоми ҷамоати Исроил саҳван гуноҳ кунанд, ва ин кор аз чашмони ҷамоат пӯшида бошад, яъне агар бар хилофи ягон аҳкоми наҳйи Худованд амал карда гуноҳкор шаванд,

14 Ва гуноҳе ки кардаанд, баъдтар ошкор гардад, — бигзор ҷамоат гӯсолае аз галаи говон барои қурбонии гуноҳ тақдим намоянд, ва онро назди хаймаи ҷомеъ биёранд.

15 Ва пирони ҷамоат дастҳои худро бар сари гӯсола ба ҳузури Худованд мемонанд, ва гӯсоларо ба ҳузури Худованд забҳ мекунанд.

16 Ва коҳини тадҳиншуда аз хуни гӯсола ба хаймаи ҷомеъ дохил мекунад.

17 Ва коҳин ангушташро дар хун ғӯтонида, онро ба ҳузури Худованд ҳафт карат пеши парда мепошад;

18 Ва аз он хун бар шохҳои қурбонгоҳ, ки ба ҳузури Худованд дар хаймаи ҷомеъ мебошад, мемолад, ва тамоми бақияи хунро бар буньёди қурбонгоҳи қурбонии сӯхтанӣ, ки назди дари хаймаи ҷомеъ аст, мерезад;

19 Ва тамоми чарбуи онро аз он бардошта, бар қурбонгоҳ месӯзонад;

20 Ва бо ин гӯсола ончунон амал мекунад, ки бо гӯсолаи қурбонии гуноҳ амал кард; бо он бояд ҳамин тавр амал кунад, то ки коҳин гуноҳи онҳоро кафорат намояд, ва онҳо омурзида хоҳанд шуд.

21 Ва гӯсоларо аз ӯрдугоҳ берун бароварда, онро месӯзонад, чунон ки гӯсолаи аввалро сӯзонид. Ин қурбонии гуноҳи ҷамоат аст.

22 Агар раис гуноҳ кунад, яъне бар хилофи ягон аҳкоми наҳйи Худованд Худои худ саҳван амал карда, гуноҳкор шавад,

23 Ва гуноҳе ки кардааст, баъдтар ба ӯ ошкор гардад, — бигзор нарбузи беайбе барои қурбонӣ тақдим намояд.

24 Ва ӯ дасти худро бар сари нарбуз мемонад, ва онро дар маконе ки қурбонии сӯхтанӣ забҳ мекунанд, ба ҳузури Худованд забҳ менамояд. Ин қурбонии гуноҳ аст.

25 Ва коҳин аз хуни қурбонии гуноҳ бо ангушти худ гирифта, бар шохҳои қурбонгоҳи қурбонии сӯхтанӣ мемолад, ва бақияи хуни онро бар буньёди қурбонгоҳи қурбонии сӯхтанӣ мерезад;

26 Ва тамоми чарбуи онро, мисли чарбуи забҳи саломатӣ, бар қурбонгоҳ месӯзонад; ва коҳин гуноҳи ӯро ҳамин тавр кафорат менамояд, ва ӯ омурзида хоҳад шуд.

27 Агар касе аз миёни авом саҳван гуноҳ кунад, яъне бар хилофи ягон аҳкоми наҳйи Худованд амал карда, гуноҳкор шавад,

28 Ва гуноҳе ки кардааст, баъдтар ба ӯ ошкор гардад, — бигзор барои қурбонии худ ба сабаби гуноҳе ки кардааст, модабузи беайбе тақдим намояд.

29 Ва ӯ дасти худро бар сари қурбонии гуноҳ мемонад, ва ин қурбонии гуноҳро дар маконе ки қурбонии сӯхтанӣ забҳ мекунанд, забҳ менамояд.

30 Ва коҳин аз хуни он бо ангушти худ гирифта, бар шохҳои қурбонгоҳи қурбонии сӯхтанӣ мемолад, ва тамоми бақияи хуни онро бар буньёди қурбонгоҳ мерезад;

31 Ва тамоми чарбуи онро ҷудо мекунад, чунон ки чарбуи забҳи саломатӣ ҷудо карда мешавад; ва коҳин онро бар қурбонгоҳ ҳамчун атри гуворо барои Худованд месӯзонад; ва коҳин гуноҳи ӯро кафорат менамояд, ва ӯ омурзида хоҳад шуд.

32 Ва агар ӯ бихоҳад гӯсфанде барои қурбонии гуноҳи худ тақдим намояд, бояд меши беайбе тақдим намояд.

33 Ва ӯ дасти худро бар сари ин қурбонии гуноҳ мемонад, ва онро ҳамчун қурбонии гуноҳ дар маконе ки қурбонии сӯхтанӣ забҳ мекунанд, забҳ менамояд.

34 Ва коҳин аз хуни ин қурбонии гуноҳ бо ангушти худ гирифта, бар шохҳои қурбонгоҳи қурбонии сӯхтанӣ мемолад, ва тамоми бақияи хуни онро бар буньёди қурбонгоҳ мерезад.

35 Ва тамоми чарбуи онро ҷудо мекунад, чунон ки чарбуи гӯсфанд аз забҳи саломатӣ ҷудо карда мешавад, ва коҳин онро бар қурбонгоҳ ҳамчун қурбонии оташин барои Худованд месӯзонад; ва коҳин гуноҳи ӯро, ки кардааст, кафорат менамояд, ва ӯ омурзида хоҳад шуд.

5

БОБИ ПАНҶУМ

Дар бораи қурбонии ҷурм.

1 Агар касе дар он хусус гуноҳ кунад, ки овози қасамро шунидааст, ва шоҳиди он мебошад, яъне ё дидааст ва ё хабардор шудааст, валекин хабар надодааст, — ӯ барои ин гуноҳаш ҷазо хоҳад ёфт.

2 Ё касе ки ба ҳар чизи наҷис, — хоҳ ба лошаи ҳайвони наҷис, хоҳ ба лошаи чорпои наҷис, хоҳ ба лошаи ҳашароти наҷис — бирасад, ва ин аз ӯ пӯшида бошад, вале ӯ наҷис ва муҷрим гардидааст;

3 Ё ба наҷосати одамизод, — ба ҳар наҷосате ки кас аз он наҷис мешавад, — бирасад, ва ин аз ӯ пӯшида бошад, вале баъдтар ба ӯ маълум шуда, ӯ муҷрим гардидааст;

4 Ё касе ки бо даҳонаш барои кардани кори баде ё кори неке бемулоҳиза қасам хӯрдааст, — дар ҳар чизе ки одамизод бемулоҳиза қасам мехӯрад, — ва ин аз ӯ пӯшида бошад, вале баъдтар ин ба ӯ маълум шуда, ӯ дар яке аз инҳо муҷрим гардидааст, —

5 Пас, дар сурате ки ӯ дар яке аз инҳо муҷрим гардидааст, бигзор ба гуноҳе ки кардааст, иқрор шавад,

6 Ва қурбонии ҷурми худро барои гуноҳе ки кардааст, ба Худованд тақдим намояд, яъне аз рамаи бузу гӯсфандон чорпои модаеро ҳамчун қурбонии гуноҳ биёрад, ва коҳин гуноҳи ӯро кафорат хоҳад кард.

7 Ва агар баррае барои ӯ дастрас набошад, бигзор ҳамчун қурбонии ҷурми худ барои гуноҳе ки кардааст, ду фохта ё ду чӯҷаи кабӯтарро ба Худованд тақдим намояд: яке — барои қурбонии гуноҳ, ва дигаре — барои қурбонии сӯхтанӣ.

8 Ва ӯ онҳоро назди коҳин мебиёрад, ки вай ҳамонро, ки барои қурбонии гуноҳ аст, аввал тақдим намуда, каллаашро аз пушти гарданаш мешиканад, вале ҷудо намекунад;

9 Ва аз хуни қурбонии гуноҳ бар девори қурбонгоҳ мемолад, ва бақияи хун бигзор бар буньёди қурбонгоҳ фушурда шавад. Ин қурбонии гуноҳ аст.

10 Ва дигарашро барои қурбонии сӯхтанӣ, бар тибқи дастур, ба кор мебарад; ва коҳин гуноҳи ӯро, ки кардааст, кафорат менамояд, ва ӯ омурзида хоҳад шуд.

11 Ва агар ду фохта ё ду чӯҷаи кабӯтар барои ӯ дастрас набошад, бигзор ҳамчун қурбонии худ барои гуноҳе ки кардааст, ба қадри даҳьяки эфа орди маҳин барои қурбонии гуноҳ биёрад; бигзор равған бар он нарезад, ва лебӯно бар он намонад, зеро ки ин қурбонии гуноҳ аст.

12 Ва онро назди коҳин мебиёрад; ва коҳин як мушт аз он ҳамчун ҳиссаи ёдгорӣ мегирад, ва бар қурбонгоҳ ҳамчун қурбонии оташини Худованд месӯзонад. Ин қурбонии гуноҳ аст.

13 Ва коҳин гуноҳеро, ки он мард дар яке аз ин мавридҳо кардааст, кафорат менамояд, ва ӯ омурзида хоҳад шуд; ва бақияи он ҳамчун ҳадияи ордӣ аз они коҳин хоҳад буд».

14 Ва Худованд ба Мусо сухан ронда, гуфт:

15 «Агар касе хиёнат намуда, саҳван дар ҳаққи чизҳои муқаддаси Худованд гуноҳ кунад, бигзор ҳамчун курбонии ҷурми худ аз рама, дар асоси қиматдиҳии ту бо сиқлҳои нуқра, мувофиқи сиқли муқаддас, қӯчқори беайбе барои қурбонии ҷурм ба Худованд тақдим намояд;

16 Ва ӯ бояд товони чизи муқаддасеро, ки дар ҳаққи он гуноҳ кардааст, адо намояд, ба тавре ки панҷьяки қимати онро бар он илова кунад, ва онро ба коҳин бидиҳад; ва коҳин гуноҳи ӯро ба воситаи қӯчқори қурбонии ҷурм кафорат менамояд, ва ӯ омурзида хоҳад шуд.

17 Ва агар касе гуноҳ кунад, яъне бар хилофи яке аз аҳкоми наҳйи Худованд амал кунад, вале инро надонад, — ӯ муҷрим аст, ва барои гуноҳаш ҷазо хоҳад ёфт;

18 Ва бигзор аз рама, дар асоси қиматдиҳии ту, қӯчқори беайбе барои қурбонии ҷурм назди коҳин биёрад; ва коҳин саҳверо, ки ӯ кардааст, вале надонистааст, кафорат менамояд, ва ӯ омурзида хоҳад шуд.

19 Ин қурбонии ҷурмест, ки ба воситаи он ӯ ба ҳузури Худованд муҷрим гардидааст».

6

БОБИ ШАШУМ

Боз дар бораи қурбонии ҷурм.

1 Ва Худованд ба Мусо сухан ронда, гуфт:

2 «Агар касе гуноҳ кунад, ва дар ҳаққи Худованд хиёнат намояд, ва ба ёри худ дар бобати амонат, ё гарав, ё моли дуздӣ мункир шавад, ё ёри худро фиреб кунад,

3 Ё чизи гумшударо ёфта, дар ин бобат мункир шавад, ва қасами дурӯғ хӯрад дар яке аз корҳое ки одамизод карда, дар онҳо гуноҳкор мешавад, —

4 Пас, модоме ки ӯ гуноҳ карда, муҷрим гардидааст, ӯ бояд он чиро, ки дуздидааст, ё он чиро, ки бо роҳи фиреб ба даст овардааст, ё он чиро, ки назди ӯ амонат гузошта шудааст, ё чизи гумшударо, ки ёфтааст, баргардонад.

5 Қимати ҳар он чиро, ки дар бораи он қасами дурӯғ хӯрдааст, ӯ бояд пурра адо кунад, ва панҷьяки он қиматро бар он илова намуда, ба соҳиби он бидиҳад, дар рӯзе ки қурбонии ҷурми худро тақдим менамояд.

6 Ва барои қурбонии ҷурми худ бигзор ба Худованд қӯчқори беайбе аз рама, мувофиқи қиматдиҳии ту, ҳамчун қурбонии ҷурм назди коҳин биёрад.

7 Ва коҳин гуноҳи ӯро ба ҳузури Худованд кафорат менамояд, ва ӯ дар ҳар коре ки карда муҷрим гардидааст, омурзида хоҳад шуд».

Дар бораи қурбонии сӯхтанӣ.

8 Ва Худованд ба Мусо сухан ронда, гуфт:

9 «Ба Ҳорун ва писаронаш амр фармуда, бигӯ: ин аст қонуни қурбонии сӯхтанӣ: бигзор қурбонии сӯхтанӣ тамоми шаб то субҳ бар оташдони қурбонгоҳ бошад, ва оташи қурбонгоҳ бар он бисӯзад.

10 Ва бигзор коҳин пероҳани катони худро бипӯшад, ва эзори катоне бар бадани худ бипӯшад, ва хокистари қурбонии сӯхтаниро, ки оташ бар қурбонгоҳ сӯзонидааст, бардорад, ва онро назди қурбонгоҳ бимонад;

11 Ва либосҳои худро кашида, либосҳои дигар бипӯшад, ва хокистарро берун аз ӯрдугоҳ ба макони поке барорад.

12 Ва оташе ки бар қурбонгоҳ аст, бигзор фурӯзон буда, хомӯш нашавад; ва бигзор коҳин бар он ҳар субҳ ҳезум бисӯзонад, ва қурбонии сӯхтаниро бар он бимонад, ва чарбуи забҳи саломатиро бар он бисӯзонад.

13 Оташи доимӣ бигзор бар қурбонгоҳ фурӯзон буда, хомӯш нашавад.

Дар бараи ҳадияи ордӣ.

14 Ва ин аст қонун дар бораи ҳадияи ордӣ: писарони Ҳорун бояд онро ба ҳузури Худованд бар қурбонгоҳ тақдим намоянд.

15 Ва бигзор коҳин аз он як мушт аз орди маҳини ҳадияи ордӣ ва аз равғанаш бо тамоми лебӯное ки бар ҳадияи ордӣ мебошад, бардорад, ва бар қурбонгоҳ бисӯзонад; ин атри гуворост барои ёдгорӣ ба ҳузури Худованд.

16 Он чи аз он боқӣ мемонад, бигзор Ҳорун ва писаронаш бихӯранд; он бояд бе хамиртуруш дар макони муқаддас хӯрда шавад; дар саҳни хаймаи ҷомеъ бигзор онро бихӯранд.

17 Он набояд бо хамиртуруш пухта шавад; онро аз ҳадияҳои оташини Худ ҳамчун ҳиссаи онҳо додаам. Он мисли қурбонии гуноҳ ва қурбонии ҷурм қудси қудсҳо мебошад.

18 Ҳар мардина аз миёни писарони Ҳорун метавонад онро бихӯрад, — ин фаризаи абадӣ барои наслҳои шумо аз ҳадияҳои оташини Худованд мебошад; ҳар кӣ ба онҳо бирасад, тақдис хоҳад ёфт».

19 Ва Худованд ба Мусо сухан ронда, гуфт:

20 «Ин аст қурбонии Ҳорун ва писаронаш, ки бояд дар рӯзи тадҳин шудани худ ба Худованд тақдим намоянд: даҳьяки эфа аз орди маҳин барои ҳадияи ордии доимӣ; нисфаш барои субҳ ва нисфаш барои шом.

21 Он бояд бар тоба бо равған тайёр карда шавад; онро бо оби ҷӯш омехта, ҳамчун ҳадияи ордии иборат аз нончаҳои бирьён биёр; барои атри гуворо ба Худованд тақдим намо.

22 Ва коҳини тадҳиншуда, ки дар ҷои ӯ аз писаронаш хоҳад буд, инро бояд ба амал оварад; ин фаризаи абадист: он бояд комилан барои Худованд сӯзонида шавад.

23 Ва ҳар ҳадияи ордии коҳин бояд комилан сӯзанда бошад, яъне хӯрда нашавад».

Дар бораи қурбонии гуноҳ.

24 Ва Худованд ба Мусо сухан ронда, гуфт:

25 «Ба Ҳорун ва писаронаш бигӯ: Ин аст қонун дар бораи қурбонии гуноҳ: дар маконе ки қурбонии сӯхтанӣ забҳ карда мешавад, қурбонии гуноҳ низ бояд ба ҳузури Худованд дар он ҷо забҳ карда шавад; ин қудси қудсҳост.

26 Коҳине ки қурбонии гуноҳро ба амал меоварад, метавонад онро бихӯрад; он бояд дар макони муқаддас, дар саҳни хаймаи ҷомеъ хӯрда шавад.

27 Ҳар чизе ки ба гӯшти он мерасад, тақдис меёбад; ва агар хуни он бар либосе пошида шавад, он чиро, ки бар он пошида шудааст, дар макони муқаддас бишӯй.

28 Ва зарфи сафолине ки қурбонии гуноҳ дар он пухта шудааст, бояд шикаста шавад; ва агар он дар зарфи мисин пухта шуда бошад, он зарф бояд сайқал дода ва бо об шуста шавад.

29 Ҳар мардина аз миёни коҳинон метавонад онро бихӯрад; ин қудси қудсҳост.

30 Вале ҳар қурбонии гуноҳ, ки хунаш ба хаймаи ҷомеъ дароварда мешавад, то ки дар қудс кафорат намояд, набояд хӯрда шавад; он бояд дар оташ сӯзонида шавад.

7

БОБИ ҲАФТУМ

Қонун дар бораи қурбонии ҷурм.

1 Ва ин аст қонуни қурбонии ҷурм: ин қудси қудсҳост.

2 Дар маконе ки қурбонии сӯхтаниро забҳ мекунанд, қурбонии ҷурмро низ бояд дар он ҷо забҳ кунанд; ва хуни он бояд бар қурбонгоҳ гирдогирд пошида шавад.

3 Ва аз он ӯ тамоми чарбуяшро тақдим менамояд: дунба ва чарбуе ки амъоро мепӯшонад,

4 Ва ду гурда ва чарбуе ки бар онҳо то худи ронҳо мебошад, ва қабати чарбуе ки бар ҷигар аст, — бигзор онро бо гурдаҳо ҷудо кунад.

5 Ва коҳин онҳоро бар қурбонгоҳ ҳамчун қурбонии оташин барои Худованд месӯзонад. Ин қурбонии ҷурм аст.

6 Ҳар мардина аз миёни коҳинон онро метавонад бихӯрад; он бояд дар макони муқаддас хӯрда шавад. Ин қудси қудсҳост.

7 Қурбонии гуноҳ монанди қурбонии ҷурм аст, яъне қонуни онҳо як аст: он аз они коҳинест, ки ба воситаи он кафорат менамояд.

8 Ва коҳине ки қурбонии сӯхтании касеро тақдим менамояд, пӯсти он қурбонии сӯхтание ки ӯ тақдим намудааст, аз они ҳамин коҳин хоҳад буд.

9 Ва ҳар ҳадияи ордӣ, ки дар танӯр пухта шудааст, ва ҳар он чи дар дег ва бар тоба тайёр карда шудааст, аз они коҳине ки онро тақдим менамояд, хоҳад буд.

10 Ва ҳар ҳадияи ордӣ, хоҳ бо равған омехта, хоҳ хушк бошад, аз они тамоми банӣ‐Ҳорун хоҳад буд, бе он ки аз якдигар тафовуте дошта бошанд.

Қонун дар бораи забҳи саломатӣ.

11 Ва ин аст қонуни забҳи саломатӣ, ки ба Худованд тақдим карда мешавад.

12 Агар касе онро барои шукрона тақдим намояд, ӯ бояд бо забҳи шукрона қурсҳои фатири бо равған омехташуда, ва нончаҳои тунуки фатири равған молидашуда, ва аз орди маҳине ки бо оби ҷӯш омехтааст, қурсҳои бо равған омехташуда тақдим намояд;

13 Қурбонии худро ҳамроҳи забҳи шукронаи саломатии худ ӯ бояд бо қурсҳои нони хамиртурушдор тақдим намояд.

14 Ва аз он якеро аз ҳар қурбонӣ ҳамчун ҳадия барои Худованд тақдим менамояд; ин аз они коҳине ки хуни забҳи саломатиро мепошад, хоҳад буд.

15 Ва гӯшти забҳи шукронаи саломатии ӯ бояд дар рӯзи қурбонӣ шуданаш хӯрда шавад; аз он то субҳ набояд боқӣ гузошта шавад.

16 Ва агар забҳи қурбонии ӯ аз рӯи назр ё хайрот бошад, забҳи ӯ бояд дар рӯзи қурбонӣ шуданаш хӯрда шавад; ва бақияи онро рӯзи дигар хӯрдан мумкин аст.

17 Ва он чи аз гӯшти он забҳ боқӣ монда бошад, бояд дар рӯзи сеюм дар оташ сӯзонида шавад.

18 Ва агар аз гӯшти забҳи саломатии ӯ дар рӯзи сеюм хӯрда шавад, он сазовори таваҷҷӯҳ нахоҳад буд, ва барои касе ки онро қурбонӣ кардааст, ба ҳисоб оварда нахоҳад шуд; он наҷис аст, ва ҳар кӣ аз он бихӯрад, барои гуноҳаш ҷазо хоҳад ёфт.

19 Ва гӯшти он, агар ба ягон чизи наҷис бирасад, набояд хӯрда шавад, балки бояд дар оташ сӯзонида шавад; ва гӯшти покро ҳар каси пок метавонад бихӯрад.

20 Вале агар касе аз гӯшти забҳи саломатӣ, ки барои Худованд аст, бихӯрад, дар ҳолате ки наҷосати ӯ бар ӯ бошад, он кас аз миёни қавми худ маҳв хоҳад шуд.

21 Ва агар касе ба ҳар чизи наҷис, хоҳ ба наҷосати одамизод, хоҳ ба чорпои наҷис, хоҳ ба ҳар чизи зишти наҷис бирасад, ва аз гӯшти забҳи саломатӣ, ки барои Худованд аст, бихӯрад, — он кас аз миёни қавми худ маҳв хоҳад шуд».

22 Ва Худованд ба Мусо сухан ронда, гуфт:

23 «Ба банӣ‐Исроил сухан ронда, бигӯ: хеҷ як чарбуи гов ва гӯсфанд ва бузро нахӯред,

24 Ва чарбуи чорпои мурда ва чарбуи чорпои даридашударо барои ҳар кор истеъмол кардан мумкин аст, вале ба ҳеҷ ваҷҳ онро нахӯред.

25 Зеро ҳар кӣ чарбуи чорпоеро, ки аз он қурбонии оташин барои Худованд тақдим карда мешавад, бихӯрад, — он касе ки хӯрда бошад, аз миёни қавми худ маҳв хоҳад шуд.

26 Ва ҳеҷ хунро, — хоҳ аз они паранда бошад, хоҳ аз они чорпо, — дар масканҳои худ нахӯред.

27 Ҳар кӣ ҳар гуна хунро бихӯрад, — он кас аз миёни қавми худ маҳв хоҳад шуд».

28 Ва Худованд ба Мусо сухан ронда, гуфт:

29 «Ба банӣ‐Исроил сухан ронда, бигӯ: ҳар кӣ забҳи саломатии худро барои Худованд тақдим менамояд, ӯ бояд қурбонии худро аз забҳи саломатии худ барои Худованд биёрад.

30 Бо дастҳои худ ӯ бояд қурбонии оташинро барои Худованд биёрад, чарбуро бо сина бояд биёрад, то ки он синаро ба ҳузури Худованд биҷунбонад.

31 Ва коҳин чарбуро бар қурбонгоҳ месӯзонад, ва сина аз они Ҳорун ва писаронаш хоҳад буд.

32 Ва соқи ростро ҳамчун пешкаши муқаддас аз забҳҳои саломатии худ ба коҳин бидиҳед.

33 Ҳар кӣ аз писарони Ҳорун хуни қурбонии саломатӣ ва чарбуро тақдим менамояд, соқи рост ҳиссаи ӯ хоҳад буд.

34 Зеро ки Ман синаи ҷунбониданӣ ва соқи пешкашро аз банӣ‐Исроил, аз забҳҳои саломатии онҳо гирифтам, ва онҳоро ба Хоруни коҳин ва писаронаш ба фаризаи абадӣ аз ҷониби банӣ‐Исроил додам».

35 Ин аст насибаи тадҳини Ҳорун ва насибаи тадҳини писаронаш аз қурбониҳои оташини Худованд дар рӯзе ки онҳо наздик оварда шуданд, то ки барои Худованд каҳонат кунанд,

36 Ки ба онҳо додани онро Худованд амр фармуд, дар рӯзе ки онҳоро аз миёни банӣ‐Исроил тадҳин намуд. Ин фаризаи абадӣ дар наслҳои онҳост.

37 Ин аст қонуни қурбонии сӯхтанӣ, ҳадияи ордӣ, қурбонии гуноҳ, қурбонии ҷурм, қурбонии гумоштанӣ ва забҳи саломатӣ,

38 Ки Худованд ба Мусо дар кӯҳи Сино амр фармуда буд, дар рӯзе ки ба банӣ‐Исроил дар биёбони Сино амр фармуд, ки қурбониҳои худро барои Худованд тақдим намоянд.

8

БОБИ ҲАШТУМ

Дар бораи тақдиси коҳинон.

1 Ва Худованд ба Мусо сухан ронда, гуфт:

2 «Ҳорун, ва писаронашро бо ӯ, ва либосҳо, ва равғани тадҳин, ва гӯсолаи қурбонии гуноҳ, ва ду қӯчқор, ва сабади фатирҳоро бигир,

3 Ва тамоми ҷамоатро назди дари хаймаи ҷомеъ ҷамъ кун».

4 Ва Мусо ончунон ки Худованд ба ӯ амр фармуд, ба амал овард, ва ҷамоат назди дари хаймаи ҷомеъ ҷамъ шуданд.

5 Ва Мусо ба ҷамоат гуфт: «Ин аст он чи Худованд амр фармудааст, ки ба ҷо оварда шавад».

6 Ва Мусо Ҳорун ва писаронашро наздик овард, ва онҳоро дар об ғусл дод.

Дар бораи либоси саркоҳин.

7 Ва пероханро бар ӯ гузошт, ва камарашро бо камарбанд баст, ва ридоро бар ӯ пӯшонид, ва эфӯдро бар ӯ гузошт, ва камарашро бо тасмаи эфӯд баста, эфӯдро ба воситаи он бар ӯ мустаҳкам намуд.

8 Ва синабандро бар ӯ гузошт, ва урим ва туммимро бар синабанд монд.

9 Ва аммомаро бар сари ӯ гузошт, ва бар аммома, аз пеш, лавҳаи тилло, яъне афсари муқаддасро ниҳод, чунон ки Худованд ба Мусо амр фармуда буд.

Дар бораи тадҳини саркоҳин.

10 Ва Мусо равғани тадҳинро гирифт, ва маскан ва он чиро, ки дар он буд, тадҳин намуд, ва онҳоро тақдис кард.

11 Ва аз он бар қурбонгоҳ ҳафт карат пошид, ва қурбонгоҳ ва тамоми колояш, ва лаган ва пояашро тадҳин намуд, то ки онҳоро тақдис кунад.

12 Ва аз равғани тадҳин бар сари Ҳорун рехта, ӯро тадҳин намуд, то ки ӯро тақдис кунад.

Дар бораи либосҳои коҳинон.

13 Ва Мусо писарони Ҳорунро наздик овард, ва бар онҳо пероҳанҳоро пӯшонид, ва камарбандҳоро бар камари онҳо баст, ва кулоҳҳоро бар сари онҳо ниҳод, чунон ки Худованд ба Мусо амр фармуда буд.

Дар бораи тақдим кардани қурбониҳо.

14 Ва гӯсолаи қурбонии гуноҳро овард, ва Ҳорун ва писаронаш дастҳои худро бар сари гӯсолаи қурбонии гуноҳ монданд,

15 Ва онро забҳ кард, ва Мусо хунро гирифт, ва бар шохҳои қурбонгоҳ гирдогирд бо ангушташ молид, ва қурбонгоҳро татҳир намуд, ва хунро бар буньёди қурбонгоҳ рехта, онро тақдис кард, то ки барояш кафорат намояд.

16 Ва тамоми чарбуеро, ки бар амъо буд, ва қабати чарбуеро, ки бар ҷигар буд, ва ду гурда ва чарбуи онҳоро гирифт, ва Мусо онҳоро бар қурбонгоҳ сӯзонид.

17 Ва гӯсола ва пӯсташ ва гӯшташ ва саргинашро берун аз ӯрдугоҳ дар оташ сӯзонид, чунон ки Худованд ба Мусо амр фармуда буд.

18 Ва қӯчқори қурбонии сӯхтаниро наздик овард, ва Ҳорун ва писаронаш дастҳои худро бар сари қӯчқор монданд.

19 Ва онро забҳ кард, ва Мусо хунро бар қурбонгоҳ гирдогирд пошид.

20 Ва қӯчқорро ба андоми он пора кард, ва Мусо калла ва андом ва чарбуро сӯзонид.

21 Ва амъо ва почаҳоро бо об шуст; ва Мусо тамоми қӯчқорро бар қурбонгоҳ сӯзонид: ин қурбонии сӯхтанӣ ҳамчун атри гуворо ва қурбонии оташин барои Худованд буд, чунон ки Худованд ба Мусо амр фармуда буд.

22 Ва қӯчқори дуюмро, ки қӯчқори гумоштанӣ ба шумор мерафт, наздик овард, ва Ҳорун ва писаронаш дастҳои худро бар сари қӯчқор монданд.

Дар бораи истеъмоли хун.

23 Ва онро забҳ кард, ва Мусо аз хуни он гирифт, ва бар нармаи гӯши рости Ҳорун, ва бар нарангушти дасти рости ӯ, ва бар нарангушти пои рости ӯ молид.

24 Ва писарони Ҳорунро наздик овард, ва Мусо аз он хун бар нармаи гӯши рости онҳо, ва бар нарангушти дасти рости онҳо, ва бар нарангушти пои рости онҳо молид; ва Мусо он хунро бар қурбонгоҳ гирдогирд пошид.

25 Ва чарбу ва дунба, ва тамоми чарбуеро, ки бар амъо буд, ва қабати чарбуеро, ки бар ҷигар буд, ва ду гурда ва чарбуи онҳо, ва соқи ростро гирифт;

26 Ва аз сабади фатирҳое ки ба ҳузури Худованд буд, як қурси фатир, ва як қурси нони равғанин, ва як нончаи тунукро гирифта, бар чарбу ва бар соқи рост монд.

27 Ва ҳамаи инро бар кафҳои Ҳорун ва бар кафҳои писаронаш гузошт, ва онҳоро ба ҳузури Худованд ҷунбонид.

28 Ва Мусо инҳоро аз кафҳои онҳо гирифта, бар қурбонгоҳ бо қурбонии сӯхтанӣ сӯзонид: ин қурбонии гумоштанӣ барои атри гуворо буд, ин қурбонии оташин барои Худованд буд.

29 Ва Мусо синаро гирифт, ва онро ҳамчун инъоми ҷунбониданӣ ба ҳузури Худованд ҷунбонид; ин аз қӯчқори гумоштанӣ ҳиссае барои Мусо буд, чунон ки Худованд ба Мусо амр фармуда буд.

Дар бораи тадҳини коҳинон, хӯроки онҳо ва тақдис ёфтани онҳо барои Худо.

30 Ва Мусо аз равғани тадҳин ва аз хуне ки бар қурбонгоҳ буд, гирифт, ва бар Ҳорун, бар либосҳояш, ва бар писарони ӯ, ва бар либосҳои писарони ӯ бо ӯ пошид; ва Ҳорун ва либосҳояш, ва писарони ӯ ва либосҳои писарони ӯро бо ӯ тақдис кард.

31 Ва Мусо ба Ҳорун ва писаронаш гуфт: «Ин гӯштро назди дари хаймаи ҷомеъ бипазед, ва дар он ҷо онро бо ноне ки дар сабади гумоштанӣ мебошад, бихӯред, чунон ки ба ман амр фармуда гуфта шудааст: „Ҳорун ва писаронаш онро бихӯранд“.

32 Ва бақияи гӯшт ва нонро дар оташ бисӯзонед.

33 Ва аз дари хаймаи ҷомеъ ҳафт рӯз берун наравед, то рӯзе ки айёми гумоштани шумо анҷом ёбад, зеро ки гумоштани шумо бояд ҳафт рӯз ба амал ояд.

34 Чунон ки имрӯз ба амал оварда шуд, ончунон Худованд амр фармуд, ки ба амал оварда шавад, то ки барои шумо кафорат гардад.

35 Ва назди дари хаймаи ҷомеъ рӯзона ва шабона ҳафт рӯз бимонед, ва навбатдории Худовандро риоя намоед, то ки намиред, зеро ки чунин ба ман амр фармуда шудааст».

36 Ва Ҳорун ва писаронаш ҳар он чиро, ки Худованд ба воситаи Мусо амр фармуда буд, ба ҷо оварданд.

9

БОБИ НӮҲУМ

Коҳинон ба ибодат шурӯъ менамоянд.

1 Ва дар рӯзи ҳаштум чунин воқеъ шуд, ки Мусо Ҳорун ва писарони ӯ ва пирони Исроилро даъват намуд.

2 Ва ба Ҳорун гуфт: «Гӯсолаи наре барои қурбонии гуноҳ ва қӯчқоре барои қурбонии сӯхтанӣ бигир, ки ҳар ду беайб бошанд, ва ба ҳузури Худованд тақдим намо.

3 Ва ба банӣ‐Исроил сухан ронда, бигӯ: „Нарбузе барои қурбонии гуноҳ, ва гӯсола ва барраи яксолае ки беайб бошанд, барои қурбонии сӯхтанӣ бигиред,

4 Ва барзагов ва қӯчқоре барои забҳҳои саломатӣ, то ки ба ҳузури Худованд забҳ карда шавад, ва ҳадияи ордии бо равған омехташуда; зеро ки имрӯз Худованд ба шумо зоҳир хоҳад шуд“».

5 Ва он чиро, ки Мусо амр фармуда буд, назди хаймаи ҷомеъ оварданд; ва тамоми ҷамоат наздик омада, ба ҳузури Худованд истоданд.

6 Ва Мусо гуфт: «Ин аст он чи Худованд амр фармудааст, ки ба амал оваред, ва ҷалоли Худованд ба шумо зоҳир хоҳад шуд».

7 Ва Мусо ба Ҳорун гуфт: «Ба қурбонгоҳ наздик биё, ва қурбонии гуноҳи худ ва қурбонии сӯхтании худро тақдим карда, барои худат ва барои ҷамоат кафорат намо; ва қурбонии қавмро тақдим карда, барои онҳо кафорат намо, чунон ки Худованд амр фармудааст».

8 Ва Ҳорун ба қурбонгоҳ наздик омада, гӯсолаи қурбонии гуноҳро, ки барои худаш буд, забҳ кард.

9 Ва писарони Ҳорун хунро назди ӯ оварданд, ва ӯ ангушти худро дар хун ғӯтонида, бар шохҳои қурбонгоҳ молид; ва хунро бар буньёди қурбонгоҳ рехт.

10 Ва чарбу, ва гурдаҳо, ва қабати чарбуи рӯи ҷигари қурбонии гуноҳро бар қурбонгоҳ сӯзонид, чунон ки Худованд ба Мусо амр фармуда буд.

11 Ва гӯшт ва пӯстро берун аз ӯрдугоҳ дар оташ сӯзонид.

12 Ва қурбонии сӯхтаниро забҳ кард, ва писарони Ҳорун хунро назди ӯ оварданд, ва ӯ онро бар қурбонгоҳ гирдогирд пошид.

13 Ва андом ва каллаи қурбонии сӯхтаниро назди ӯ оварданд, ва ӯ бар қурбонгоҳ сӯзонид.

14 Ва амъо ва почаҳоро шуста, бо қурбонии сӯхтанӣ бар қурбонгоҳ сӯзонид.

15 Ва қурбонии қавмро наздик овард, ва нарбузи гуноҳро, ки барои қавм буд, гирифт, ва онро забҳ карда, монанди қурбонии пешина, барои гуноҳ тақдим намуд.

16 Ва қурбонии сӯхтаниро наздик оварда, бар тибқи дастур тақдим намуд.

17 Ва ҳадияи ордиро наздик овард, ва мушташро аз он пур карда, илова ба қурбонии сӯхтании субҳ бар қурбонгоҳ сӯзонид.

18 Ва барзагов ва қӯчқорро, ки забҳи саломатӣ барои қавм буд, забҳ намуд; ва писарони Ҳорун хунро назди ӯ оварданд, ва ӯ онро бар қурбонгоҳ гирдогирд пошид.

19 Ва низ чарбуи барзагов ва қӯчқорро: дунба ва он чи амъоро мепӯшонад, ва гурдаҳо, ва қабати чарбуи рӯи ҷигарро, —

20 Ва чарбуро бар синаҳо монданд; ва ӯ чарбуро бар қурбонгоҳ сӯзонид.

21 Ва Ҳорун синаҳо ва соқи ростро, ҳамчун инъоми ҷунбониданӣ, ба хузури Худованд ҷунбонид, чунон ки Мусо амр фармуда буд.

22 Ва Ҳорун дастҳои худро сӯи қавм боло бардошта, онҳоро баракат дод, ва баъд аз тақдим кардани қурбонии гуноҳ ва қурбонии сӯхтанӣ ва забҳи саломатӣ фурӯд омад.

23 Ва Мусо ва Ҳорун ба хаймаи ҷомеъ даромаданд, ва берун омада, қавмро баракат доданд; ва ҷалоли Худованд ба тамоми қавм зоҳир шуд.

24 Ва оташе аз ҳузури Худованд берун омада, қурбонии сӯхтанӣ ва чарбуро бар қурбонгоҳ сӯзонид, ва тамоми қавм инро дида, ба ваҷд омаданд, ва бар рӯи худ афтоданд.

10

БОБИ ДАҲУМ

Нодоб ва Абиҳу оташи бегонае меоваранд.

1 Ва писарони Ҳорун, Нодоб ва Абиҳу, ҳар яке маҷмари худро гирифта, оташ бар онҳо монданд, ва бухур бар он гузошта, ба ҳузури Худованд оташи бегонаро, ки Ӯ ба онҳо амр нафармуда буд, наздик оварданд.

2 Ва оташе аз ҳузури Худованд берун омада, онҳоро сӯзонид; ва онҳо ба ҳузури Худованд мурданд.

3 Ва Мусо ба Ҳорун гуфт: «Ин аст он чи Худованд сухан ронда, гуфтааст:

„Ба воситаи наздиконам қудсияти Худро зоҳир хоҳам сохт,

ва дар назари тамоми қавм ҷалол хоҳам ёфт“».

Ва Ҳорун хомӯш монд.

4 Ва Мусо Мишоил ва Элсофонро, ки писарони Узиил, амаки Ҳорун, буданд, хонда, ба онҳо гуфт: «Наздик омада, бародарони худро аз пеши қудс ба беруни ӯрдугоҳ бибаред».

5 Ва онҳо наздик омада, мурдаҳоро дар пероҳанҳошон ба беруни ӯрдугоҳ бурданд, чунон ки Мусо гуфта буд.

6 Ва Мусо ба Ҳорун ва писаронаш Элъозор ва Итомор гуфт: «Сарҳои худро яла накунед, ва либосҳои худро надарронед, то ки намиред, ва Ӯ бар тамоми ҷамоат ғазаб накунад; вале бигзор бародарони шумо, тамоми хонадони Исроил, дар ҳаққи сӯхтагон, ки Худованд онҳоро сӯзонидааст, навҳагарӣ кунанд.

7 Ва аз дари хаймаи ҷомеъ берун наравед, мабодо бимиред, зеро ки равғани тадҳини Худованд бар шумост». Ва онҳо бар тибқи гуфтори Мусо амал карданд.

8 Ва Худованд ба Ҳорун сухан ронда, гуфт:

9 «Ту ва писаронат бо ту, вақте ки ба хаймаи ҷомеъ дохил мешавед, шароб ва арақ нанӯшед, то ки намиред; ин аст фаризаи абадӣ дар наслҳои шумо,

10 То ки муқаддасро аз ғайримуқаддас, ва наҷисро аз пок битавонед фарқ кунед,

11 Ва тамоми фароизеро, ки Худованд ба шумо ба воситаи Мусо амр фармудааст, ба банӣ‐Исроил таълим диҳед».

12 Ва Мусо ба Ҳорун ва писаронаш Элъозор ва Итомор, ки зинда монда буданд, гуфт: «Ҳадияи ордиеро, ки аз қурбонии оташини Худованд боқӣ мондааст, бигиред, ва онро бе хамиртуруш назди қурбонгоҳ бихӯред, зеро ки ин қудси қудсҳост.

13 Ва онро дар макони муқаддас бихӯред, чунки он аз қурбонии оташини Худованд ҳиссаи ту ва ҳиссаи писарони туст, зеро ки чунин ба ман амр фармуда шудааст.

14 Ва синаи ҷунбониданӣ ва соқи пешкашро ту ва писаронат ва духтаронат бо ту дар макони пок бихӯред, зеро ки инҳо аз забҳҳои саломатии банӣ‐Исроил барои ҳиссаи ту ва ҳиссаи фарзандони ту дода шудааст.

15 Соқи пешкаш ва синаи ҷунбониданиро онҳо бояд бо қурбонии оташини чарбу биёранд, то ки ҳамчун инъоми ҷунбониданӣ ба ҳузури Худованд ҷунбонида шавад; ва ин барои ту ва барои писаронат бо ту фаризаи абадӣ хоҳад буд, чунон ки Худованд амр фармудааст».

16 Ва Мусо нарбузи қурбонии гуноҳро талабид, ва инак, он сӯзонида шуда буд; ва ӯ ба Элъозор ва Итомор, писарони Ҳорун, ки зинда монда буданд, хашм намуда, гуфт:

17 «Чаро ин қурбонии гуноҳро дар макони муқаддас нахӯрдед? Он, охир, қудси қудсҳост, ва онро Ӯ ба шумо додааст, то ки гуноҳи ҷамоатро бардошта, барои онҳо ба ҳузури Худованд кафорат намоед.

18 Хуни он, охир, андаруни қудс дохил карда нашудааст, ва ҳол он ки шумо онро мебоист дар қудс мехӯрдед, чунон ки амр фармуда будам».

19 Ва Ҳорун ба Мусо сухан ронда, гуфт: «Имрӯз, охир, онҳо қурбонии гуноҳи худ ва қурбонии сӯхтании худро, ба ҳузури Худованд тақдим карданд, — ва чунин ҳодисаҳо ба ман рӯй дод; пас, агар имрӯз қурбонии гуноҳро мехӯрдам, оё ин дар назари Худованд мақбул меафтод?»

20 Ва Мусо инро шунида, маъқул донист.

11

БОБИ ЁЗДАҲУМ

Дар бораи чорпоёни пок ва нопок.

1 Ва Худованд ба Мусо ва Ҳорун сухан ронда, ба онҳо гуфт:

2 «Ба банӣ‐Исроил сухан ронда, бигӯед: инҳоянд ҷонвароне ки шумо метавонед аз ҳамаи чорпоёни рӯи замин бихӯред:

3 Ҳар чорпои сумдор, ки қӯшсум бошад, ва хӯрокашро кавша кунад, — онро бихӯред.

4 Аммо инҳоро аз кавшакунандагон ва сумдорон нахӯред: шутурро, зеро ки он кавшакунанда аст, валекин сумаш қӯшсум нест, — он барои шумо наҷис аст;

5 Ва заргӯшро, зеро ки он кавшакунанда аст, валекин сумаш қӯшсум нест, — он барои шумо наҷис аст;

6 Ва харгӯшро, зеро ки он кавшакунанда аст, валекин сумаш қӯшсум нест, — он барои шумо наҷис аст;

7 Ва хукро, зеро ки он сумдор аст ва сумаш қӯшсум аст, валекин хӯрокашро кавша намекунад, — он барои шумо наҷис аст.

8 Аз гӯшти онҳо нахӯред ва ба лошаи онҳо нарасед, — онҳо барои шумо наҷисанд.

9 Аз ҳар он чи дар об аст, инҳоро метавонед бихӯред: ҳар он чи пар ва пулакча дар об дорад, — хоҳ дар баҳрҳо бошад, хоҳ дар наҳрҳо, — онҳоро метавонед бихӯред.

10 Вале ҳар он чи пар ва пулакча надорад, — хоҳ дар баҳрҳо бошад, хоҳ дар наҳрҳо, — аз ҳар ҳашароти об ва аз ҳар ҷонваре ки дар об аст, — инҳо барои шумо қабеҳ аст.

11 Ва инҳо барои шумо қабеҳ хоҳад буд: аз гӯшташон нахӯред ва аз лошаашон нафрат намоед.

12 Ҳар он чи пар ва пулакча дар об надорад, барои шумо қабеҳ хоҳад буд.

13 Ва аз парандагон аз инҳо нафрат намоед: инҳо хӯрда нашаванд, чунки қабеҳанд: уқоб, ва каргас, ва бургут,

14 Ва калхот, ва шоҳин бо зоти он,

15 Ва ҳар зоғ бо зоти он,

16 Ва шутурмурғ, ва бум, ва моҳихӯрак, ва қарчиғай бо зоти он,

17 Ва чуғз, ва бақлон, ва ибис,

18 Ва қу, ва мурғи саққо, ва лошахӯр,

19 Ва лаклак, ва куланг бо зоти он, ва ҳудҳуд, ва кӯршабпарак.

20 Тамоми ҳашароти болдоре ки бар чор пой роҳ меравад, барои шумо қабеҳ аст.

21 Аммо аз ҳар ҳашароти болдоре ки бар чор пой роҳ меравад, ҳамонро бихӯред, ки аз болои кафҳои пояш соқҳо барои ҷастан бар замин дорад.

22 Инҳоро аз онҳо бихӯред: малах бо зоти он, солъом бо зоти он, ва ҳарҷӯл бо зоти он, ва ҳоҷоб бо зоти он+ 11:22 солъом... ҳарҷӯл... ҳоҷоб — навъҳои гуногуни малах..

23 Ва ҳар ҳашароти болдоре ки чор пой дорад, барои шумо қабеҳ аст.

24 Ва аз инҳо наҷис хоҳед шуд; ҳар кӣ ба лошаи онҳо бирасад, то шом наҷис хоҳад буд.

25 Ва ҳар кӣ чизе аз лошаи онҳо бардошта бошад, бояд либосҳояшро бишӯяд, ва то шом наҷис хоҳад буд.

26 Ҳар чорпое ки сумдор аст, валекин сумаш қӯшсум нест, ва хӯрокашро кавша намекунад, — барои шумо наҷис аст; ҳар кӣ ба онҳо бирасад, наҷис хоҳад шуд.

27 Ва аз ҳамаи ҳайвонҳое ки бар чор пой роҳ мераванд, ҳар кадоме ки бар кафи пои худ равон бошад, барои шумо наҷис аст; ҳар кӣ ба лошаи онҳо бирасад, то шом наҷис хоҳад буд.

28 Ва ҳар кӣ лошаи онҳоро бардошта бошад, бояд либосҳояшро бишӯяд, ва то шом наҷис хоҳад буд; онҳо барои шумо наҷисанд.

29 Ва аз ҳайвонҳои майдае ки бар замин мехазанд, инҳо барои шумо наҷисанд: кӯрмуш, ва муш, ва сусмор бо зоташ,

30 Ва хорпушт, ва бӯқаламун, ва калтакалос, ва ҳулмато, ва карбоса.

31 Инҳо аз ҳамаи ҳайвонҳои хазанда барои шумо наҷисанд; ҳар кӣ ба онҳо пас аз мурданашон бирасад, то шом наҷис хоҳад буд.

32 Ва ҳар чизе ки яке аз онҳо пас аз мурданаш бар он афтад, наҷис хоҳад шуд: хоҳ чизе аз зарфи чӯбин, хоҳ либосе, хоҳ пӯсте, хоҳ халтае, яъне ҳар колое ки барои коре истеъмол мешавад, бояд дар об гузошта шавад, ва он то шом наҷис хоҳад буд, ва пас аз он пок хоҳад шуд.

33 Ва ҳар зарфи сафолин, ки яке аз онҳо андаруни он афтад, ҳар он чи андаруни он бошад, наҷис хоҳад шуд, ва онро бишканед.

34 Ҳар хӯрокворие ки барои хӯрок истеъмол мешавад, агар бар он аз чунин зарф об рехта бошад, наҷис хоҳад буд, ва ҳар нӯшокие ки барои нӯшидан истеъмол мешавад, дар чунин зарф наҷис хоҳад буд.

35 Ва ҳар чизе ки бар он аз лошаи онҳо афтад, наҷис хоҳад буд; танӯр ва оташдон бояд шикаста шаванд, — онҳо наҷисанд, ва барои шумо наҷис хоҳанд буд.

36 Аммо чашма ва чоҳи обанбор пок хоҳанд буд. Вале ҳар кӣ ба лошаи онҳо бирасад, наҷис хоҳад шуд.

37 Ва агар аз лошаи онҳо бар тухмии коштанӣ афтад, он пок хоҳад буд.

38 Вале агар об бар он тухмӣ рехта шуда бошад, ва аз лошаи онҳо бар он афтад, он барои шумо наҷис хоҳад буд.

39 Ва агар яке аз чорпоёне ки барои хӯроки шумост, бимирад, ҳар кӣ ба лошаи он бирасад, то шом наҷис хоҳад буд.

40 Ва ҳар кӣ аз лошаи он хӯрда бошад, бояд либосҳояшро бишӯяд, ва то шом наҷис хоҳад буд; ва ҳар кӣ лошаи онро бардошта бошад, бояд либосҳояшро бишӯяд, ва то шом наҷис хоҳад буд.

41 Ва ҳар ҷонваре ки бар замин мехазад, қабеҳ аст; он набояд хӯрда шавад.

42 Ҳар он чи бар шикамаш мехазад, ва ҳар он чи бар чор пояш роҳ меравад, ва ҳар он чи пойҳои зиёде дорад, яъне ҳамаи ҳайвонҳои хазандае ки бар замин мехазанд, — онҳоро нахӯред, зеро ки онҳо қабеҳанд.

43 Нафси худро бо ҳар ҳайвони хазанда қабеҳ насозед, ва худро бо онҳо нопок накунед, мабодо аз онҳо наҷис гардед.

44 Зеро ки Ман Худованд Худои шумо ҳастам, ва шумо тақдис ёфта, муқаддас хоҳед буд, чунки Ман қуддус ҳастам; ва нафси худро бо ҳар ҳайвоне ки бар замин мехазад, наҷис насозед.

45 Зеро ки Ман Худованде ҳастам, ки шуморо аз замини Миср берун овардаам, то ки Худои шумо бошам; пас, шумо муқаддас бошед, зеро ки Ман қуддус ҳастам».

46 Ин аст қонун дар бораи чорпоён ва парандагон ва ҳар ҷонваре ки дар об меҷунбад, ва ҳар ҳайвоне ки бар замин мехазад,

47 То ки наҷис аз пок, ва ҳайвони хӯрдашаванда аз ҳайвони хӯрданашаванда фарқ карда шавад.

12

БОБИ ДУВОЗДАҲУМ

Конун дар бораи модарӣ.

1 Ва Худованд ба Мусо сухан ронда, гуфт:

2 «Ба банӣ‐Исроил бигӯ: агар зан ҳомила шуда, писар зояд, ҳафт рӯз нопок хоҳад буд, мисли рӯзҳои ҳайзаш нопок хоҳад буд.

3 Ва дар рӯзи ҳаштум ғилофаки бача хатна карда мешавад.

4 Ва сию се рӯз вай бояд дар хуни покии худ бимонад, ба ҳеҷ чизи муқаддас нарасад, ва ба қудс надарояд, то даме ки рӯзҳои покияш пур шавад.

5 Ва агар вай духтар зояд, ду ҳафта мисли муддати ҳайзаш нопок хоҳад буд; ва шасту шаш рӯз вай бояд дар хуни покии худ бимонад.

6 Ва чун рӯзҳои покияш барои писар ё духтар пур шавад, вай бояд барраи яксола барои қурбонии сӯхтанӣ ва чӯҷаи кабӯтар ё фохта барои қурбонии гуноҳ назди дари хаймаи ҷомеъ ба коҳин биёрад.

7 Ва ӯ инро ба ҳузури Худованд тақдим карда, барои вай кафорат менамояд, ва вай аз ҷараёни хуни худ пок хоҳад шуд. Ин аст қонуни зане ки писар ё духтар зоида бошад.

8 Ва агар овардани барра барояш дастрас набошад, бигзор ду фохта ё ду чӯҷаи кабӯтар оварад, ки яке барои қурбонии сӯхтанӣ ва дигаре барои қурбонии гуноҳ аст; ва коҳин барои вай кафорат хоҳад намуд, ва вай пок хоҳад шуд».

13

БОБИ СЕЗДАҲУМ

Дастурҳо дар бораи махавиён.

1 Ва Худованд ба Мусо ва Ҳорун сухан ронда, гуфт:

2 «Одаме ки бар пӯсти баданаш вараме, ё хушкие, ё доғи равшане пайдо мешавад, ва ин бар пӯсти баданаш монанди захми махав аст, — ӯ бояд назди Ҳоруни коҳин ё назди яке аз писарони коҳинаш оварда шавад.

3 Ва коҳин он захмро, ки бар пӯсти бадан аст, мебинад, ва агар мӯйҳои рӯи захм сафед шуда, намуди захм аз пӯсти баданаш чуқуртар бошад, — ин захми махав аст; ва коҳин инро дида, ӯро наҷис эълон мекунад.

4 Ва агар доғи равшани сафеде бар пӯсти баданаш бошад, вале намуди он аз пӯст чуқуртар набошад, ва мӯйҳояш сафед нашуда бошад, — коҳин чунин захмдорро ҳафт рӯз ҷудо мегузорад.

5 Ва дар рӯзи ҳафтум коҳин варо мебинад, ва инак, захм дар ҳолати аввала мондааст, ва захм дар пӯст паҳн нашудааст, — коҳин дуюмбора варо ҳафт рӯз ҷудо мегузорад.

6 Ва коҳин дуюмбора варо дар рӯзи ҳафтум мебинад, ва инак, захм камранг шудааст, ва захм дар пӯст паҳн нашудааст, — коҳин варо пок эълон мекунад; ин хушкии пӯст аст, ва бигзор вай либосҳояшро бишӯяд, ва пок хоҳад буд.

7 Ва агар хушкӣ дар пӯст паҳн шавад баъд аз он ки вай худро ба коҳин нишон дода, пок эълон карда шудааст, вай бояд дуюмбора назди коҳин ҳозир шавад.

8 Ва коҳин мебинад, ва инак, хушкӣ дар пӯст паҳн шудааст, — коҳин варо наҷис эълон мекунад: ин махав аст.

9 Агар захми махав дар бадани касе бошад, вай бояд назди коҳин оварда шавад.

10 Ва коҳин мебинад, ва инак, варами сафеде бар пӯст намоён аст, ва мӯйҳоро он сафед гардонидааст, ва гӯшти зиндае дар варам пайдо шудааст, —

11 Ин бар пӯсти бадани вай махави кӯҳна аст; ва коҳин варо наҷис эълон мекунад, варо ҳатто ҷудо намегузорад, зеро ки вай бешубҳа наҷис аст.

12 Ва агар махав бар пӯст паҳн шуда бошад, ва махав тамоми пӯсти беморро аз сараш то поҳояш пӯшонида бошад, ба андозае ки чашмони коҳин метавонад бубинад;

13 Ва коҳин мебинад, ва инак, махав тамоми бадани варо пӯшонидааст, ӯ покии беморро эълон менамояд: азбаски тамоми бадани вай сафед шудааст, вай пок аст.

14 Вале вақте ки бар вай гӯшти зинда намоён шавад, вай наҷис хоҳад буд.

15 Ва ҳамин ки коҳин гӯшти зиндаро бубинад, варо наҷис эълон мекунад: гӯшти зинда наҷис аст, зеро ки махав аст.

16 Ва агар гӯшти зинда тағьир ёфта, сафед шавад, вай бояд назди коҳин биёяд;

17 Ва коҳин варо мебинад, ва инак, он захм сафед шудааст, ва коҳин беморро пок эълон менамояд; вай пок аст.

18 Ва агар бар пӯсти бадани касе обила пайдо шуда, сиҳат ёфта бошад,

19 Ва дар ҷои он обила варами сафедранге, ё доғи равшани сафеди сурхтобе ба вуҷуд омада бошад, — вай бояд онро ба коҳин нишон диҳад.

20 Ва коҳин мебинад, ва инак, намуди он аз пӯст пасттар аст, ва мӯйҳон он сафед шудааст, — ва коҳин варо наҷис эълон мекунад: ин захми махав аст, ки дар обила ба вуҷуд омадааст.

21 Вале агар коҳин онро бубинад, ва инак, мӯйҳои сафед бар он нест, ва он аз пӯст пасттар нест, ва он камранг аст, — коҳин варо ҳафт рӯз ҷудо мегузорад.

22 Ва агар он бар пӯст паҳн шуда равад, — коҳин варо наҷис эълон мекунад: ин захм аст.

23 Ва агар он доғи равшан дар ҷояш монда, паҳн нашавад, ин омоси обила аст; ва коҳин варо пок эълон мекунад.

24 Ё агар бар пӯсти бадани касе доғи оташ бошад, ва бар гӯшти зиндаи он доғи равшани сафеди сурхтоб ё сафед пайдо шуда бошад, —

25 Коҳин онро мебинад, ва инак, мӯйҳо бар он доғи равшан сафед шудааст, ва намудаш аз пӯст чуқуртар аст, — ин махав аст, ки дар он доғи оташ ба вуҷуд омадааст; ва коҳин варо наҷис эълон мекунад: ин захми махав аст.

26 Ва агар коҳин онро бубинад, ва инак, бар доғи равшан мӯйҳои сафед нест, ва он аз пӯст пасттар нест, ва он камранг аст, — коҳин варо ҳафт рӯз ҷудо мегузорад.

27 Ва коҳин варо дар рӯзи ҳафтум мебинад: агар он бар пӯст паҳн шуда бошад, коҳин варо наҷис эълон мекунад: ин захми махав аст.

28 Вале агар он доғи равшан дар ҷояш монда, бар пӯст паҳн нашавад, ва он камранг бошад, — ин варами доғи оташ аст, ва коҳин варо пок эълон мекунад, зеро ки ин омоси доғи оташ аст.

29 Ва агар захме бар сар ё бар занахи марде ё зане бошад, —

30 Коҳин он захмро мебинад, ва инак, намуди он аз пӯст чуқуртар аст, ва мӯйҳон зарди борик бар он намоён аст, — варо коҳин наҷис эълон мекунад: ин калӣ, яъне махави сар ё занах аст.

31 Вақте ки коҳин ин захми калиро мебинад, ва инак, намуди он аз пӯст чуқуртар нест, ва мӯйҳои сиёҳ бар он нест, — коҳин он шахси гирифтори захми калиро ҳафт рӯз ҷудо мегузорад.

32 Ва дар рӯзи ҳафтум коҳин он захмро мебинад, ва инак, он калӣ паҳн нашудааст, ва мӯйҳои зард дар он нест, ва намуди калӣ аз пӯст чуқуртар нест, —

33 Пас, мӯйҳои вай бояд тарошида шавад, вале ҷои калӣ тарошида нашавад, ва коҳин он шахси гирифтори калиро дуюмбора ҳафт рӯз ҷудо мегузорад.

34 Ва коҳин он калиро дар рӯзи ҳафтум мебинад, ва инак, он калӣ бар пӯст паҳн нашудааст, ва намуди он аз пӯст чуқуртар нест; он гоҳ коҳин варо пок эълон мекунад, ва вай либосҳояшро шуста, пок мешавад.

35 Ва агар, баъд аз пок шуданаш, калӣ бар пӯст паҳн шавад, —

36 Коҳин варо мебинад, ва инак, калӣ бар пӯст паҳн шудааст, — бигзор коҳин мӯйҳои зардро ҷустуҷӯ накунад: вай наҷис аст.

37 Вале агар калӣ дар ҳолати аввала монда, мӯйҳои сиёҳ бар он рӯида бошад, — калӣ сиҳат ёфтааст: вай пок аст, ва коҳин варо пок эълон мекунад.

38 Ва агар марде ё зане бар пӯсти баданашон доғҳои равшан, яъне доғҳои сафед дошта бошанд, —

39 Коҳин мебинад, ва инак, бар пӯсти баданашон доғҳои равшани камранги сафед намоён аст, — ин баҳақ аст, ки бар пӯст пайдо шудааст; он пок аст.

40 Ва касе ки мӯи сараш рехта бошад, вай ақраъ аст; вай пок аст.

41 Ва агар мӯи сари вай аз тарафи пешонияш рехта бошад, вай тоссар аст; вай пок аст.

42 Вале агар дар ҷои бемӯи ақраъ ё тоссар захми сафеди сурхтобе бошад, — ин махав аст, ки бар сари ақраъ ё тоссар пайдо шудааст.

43 Ва коҳин варо мебинад, ва инак, варами захми сафеди сурхтобе бар ҷои бемӯи ақраъ ё тоссар намоён аст, ки ба намуди махави пӯсти бадан монанд аст, —

44 Пас, вай махавист, вай наҷис аст; коҳин бояд варо наҷис эълон кунад; захми вай бар сари вай аст.

45 Ва махавие ки гирифтори ин захм аст, либосҳояш бояд чок карда шавад, ва сараш шонаро набинад, ва он то мӯйлабаш пӯшонида шавад, ва вай фарьёд занад: „Наҷис! Наҷис!“

46 Тамоми айёме ки он захм бар вай бошад, вай наҷис хоҳад буд; вай наҷис аст, вай бояд танҳо зиндагӣ кунад, яъне масканаш берун аз ӯрдугоҳ бошад.

47 Ва агар бар либосе асари захми махав намоён бошад, хоҳ либосе аз пашм бошад, хоҳ аз катон,

48 Хоҳ бар тори он бошад, хоҳ бар пуди он катон ва пашм, хоҳ бар чарм бошад, хоҳ бар ҳар маснӯи чармин;

49 Ва агар он захм сабзтоб ё сурхтоб буда, бар либос, ё бар чарм, ё бар тор, ё бар пуд, ё бар ҳар колои чармин бошад, — ин захми махав аст, ва бояд ба коҳин нишон дода шавад.

50 Ва коҳин он захмро мебинад, ва он захмдорро ҳафт рӯз ҷудо мегузорад.

51 Ва он захмро ӯ дар рӯзи ҳафтум мебинад, ва агар он бар либос паҳн шуда бошад, хоҳ бар тор, хоҳ бар пуд, хоҳ бар чарм, яъне бар ҳар маснӯе ки аз чарм сохта шудааст, — он захм махави муфсид аст; он наҷис аст.

52 Ва ӯ бояд он либосро бисӯзонад, хоҳ тор бошад хоҳ пуд, хоҳ аз пашм бошад хоҳ аз катон, хоҳ ҳар колои чармине ки захм бар он бошад, — зеро ки он махави муфсид аст; он бояд дар оташ сӯзонида шавад.

53 Ва агар коҳин бубинад, ки инак, он захм бар либос паҳн нашудааст, хоҳ бар тор бошад хоҳ бар пуд, хоҳ бар ҳар колои чармин, —

54 Коҳин амр мефармояд, ва он чиро, ки захм бар он аст, мешӯянд; ва ӯ онро дуюмбора ҷудо мегузорад.

55 Ва коҳин захмро баъд аз шустан мебинад, ва инак, захм ҳолати аввалаи худро дигаргун накардааст, ва захм агарчи паҳн нашудааст, — он наҷис аст, онро дар оташ бисӯзон; ин фарсудагие дар абраи он ё дар астари он мебошад.

56 Ва агар коҳин бубинад, ки инак, захм баъд аз шустани он камранг шудааст, — бигзор онро аз либос, ё аз чарм, ё аз тор, ё аз пуд дарронида ҷудо кунад.

57 Ва агар он боз бар либос, ё бар тор, ё бар пуд, ё бар ҳар колои чармин намоён гардад, — ин махавест, ки шукуфта паҳн мешавад; он чиро, ки дорои ин захм аст, дар оташ бисӯзон.

58 Вале он либос, ё тор, ё пуд, ё ҳар колои чарминро, ки шустаӣ, ва захм аз онҳо нест шудааст, дуюмбора бишӯй ва онҳо пок хоҳад буд».

59 Ин аст қонун дар бораи захми махав бар либоси пашмин ё катон, ё бар тор, ё бар пуд, ё бар ҳар колои чармин, барои пок ё наҷис эълон кардани он.

14

БОБИ ЧОРДАҲУМ

Дар бораи пок кардан аз махав.

1 Ва Худованд ба Мусо сухан ронда, гуфт:

2 «Ин аст қонун дар бораи махавӣ, дар рӯзе ки вай пок эълон карда мешавад: вай бояд назди коҳин оварда шавад.

3 Ва коҳин аз ӯрдугоҳ берун меравад, ва коҳин мебинад, ва инак, махавӣ аз захми махав шифо ёфтааст;

4 Ва коҳин амр мефармояд, ки барои шахси покшаванда ду парандаи зиндаи пок, ва чӯби арз, ва риштаи қирмизӣ, ва зуфо бигиранд.

5 Ва коҳин амр мефармояд, ки як парандаро бар зарфи сафолин, бар оби равон бикушанд.

6 Аммо парандаи зиндаро ӯ бо чӯби арз ва риштаи қирмизӣ ва зуфо мегирад, ва онҳоро бо парандаи зинда дар хуни парандае ки бар оби равон кушта шудааст, меғӯтонад.

7 Ва бар касе ки аз махав пок мешавад, ҳафт карат мепошад, ва варо пок эълон мекунад, ва парандаи зиндаро ба саҳро сар медиҳад.

8 Ва покшаванда либосҳояшро мешӯяд, ва тамоми мӯи худро метарошад, ва дар об ғусл мекунад, ва пок мешавад; ва баъд аз он ба ӯрдугоҳ меояд, ва ҳафт рӯз берун аз хаймаи худ зиндагӣ мекунад.

9 Ва дар рӯзи ҳафтум тамоми мӯи худро метарошад, сари худ ва риши худ ва абрувони худ ва тамоми мӯи худро метарошад; ва либосҳои худро мешӯяд, ва бадани худро дар об ғусл медиҳад, ва пок мешавад.

10 Ва дар рӯзи ҳаштум ду барраи беайб, ва як меши яксолаи беайб, ва се ушр+ 14:10 Ушр — даҳьяки эфа, ё ҳаҷман 4 литр. орди маҳини бо равған омехта барои ҳадияи ордӣ, ва як лӯҷ+ 14:10 Лӯҷ — 0,55 литр, ё ки баробари ҳаҷми 6 тухм. равған мегирад.

11 Ва коҳини поккунанда шахси покшавандаро бо ин чизҳо ба ҳузури Худованд назди дари хаймаи ҷомеъ мегузорад.

12 Ва коҳин як барраро мегирад, ва онро бо як лӯҷ равған барои қурбонии ҷурм тақдим менамояд, ва онҳоро ҳамчун инъоми ҷунбониданӣ ба ҳузури Худованд меҷунбонад.

13 Ва барраро дар маконе ки қурбонии гуноҳ ва қурбонии сӯхтаниро забҳ мекунанд, яъне дар макони муқаддас забҳ менамояд; зеро ки ин қурбонии ҷурм мисли қурбонии гуноҳ аз они коҳин аст; ин қудси қудсҳост.

14 Ва коҳин аз хуни қурбонии ҷурм мегирад, ва коҳин онро бар нармаи гӯши рости шахси покшаванда ва бар нарангушти дасти рости вай, ва бар нарангушти пои рости вай мемолад.

15 Ва коҳин қадаре аз лӯҷи равған гирифта, бар кафи дасти чапи худ мерезад.

16 Ва коҳин ангушти рости худро дар равғане ки дар кафи дасти чапи ӯст, меғӯтонад, ва аз равған бо ангушти худ ҳафт карат ба ҳузури Худованд мепошад.

17 Ва аз бақияи равғане ки дар кафи дасти ӯст, коҳин ба нармаи гӯши рости шахси покшаванда, ва ба нарангушти дасти рости вай, ва ба нарангушти пои рости вай, болои хуни қурбонии ҷурм мемолад.

18 Ва бақияи равғанеро, ки дар кафи дасти коҳин аст, ба сари шахси покшаванда мемолад, ва коҳин варо ба ҳузури Худованд кафорат менамояд.

19 Ва коҳин қурбонии гуноҳро тақдим мекунад, ва покшавандаро аз наҷисии вай кафорат менамояд; ва сонӣ қурбонии сӯхтаниро забҳ мекунад.

20 Ва коҳин қурбонии сӯхтанӣ ва ҳадияи ордиро бар қурбонгоҳ мегузорад; ва коҳин варо кафорат менамояд, ва вай пок мешавад.

21 Ва агар вай камбизоат буда, ин чизҳо барояш дастрас набошад, бигзор як барра барои қурбонии ҷурм бигирад, то ҷунбонида шавад ва варо кафорат намояд, ва як ушр орди маҳини бо равған омехта барои ҳадияи ордӣ бигирад, ва як лӯҷ равған,

22 Ва ду фохта, ё ду чӯҷаи кабӯтар, ки барояш дастрас бошад: яке қурбонии гуноҳ ва дигаре қурбонии сӯхтанӣ хоҳад буд.

23 Ва онҳоро дар рӯзи ҳаштуми покшавии худ назди коҳин, ба дари хаймаи ҷомеъ, ба хузури Худованд биёрад.

24 Ва коҳин барраи қурбонии ҷурм ва лӯҷи равғанро мегирад, ва коҳин онҳоро ҳамчун инъоми ҷунбониданӣ ба ҳузури Худованд меҷунбонад.

25 Ва барраи қурбонии ҷурмро забҳ мекунад; ва коҳин аз хуни қурбонии ҷурм гирифта, ба нармаи гӯши рости шахси покшаванда, ва ба нарангушти дасти рости вай, ва ба нарангушти пои рости вай мемолад.

26 Ва коҳин аз равған ба кафи дасти чапи худ мерезад.

27 Ва коҳин аз равғане ки дар кафи дасти чапи ӯст, бо ангушти рости худ ҳафт карат ба ҳузури Худованд мепошад.

28 Ва коҳин аз равғане ки дар кафи ӯст, ба нармаи гӯши рости шахси покшаванда, ва ба нарангушти дасти рости вай, ва ба нарангушти пои рости вай, бар ҷои хуни қурбонии ҷурм мемолад.

29 Ва бақияи равғанеро, ки дар кафи коҳин аст, ба сари шахси покшаванда мемолад, то ки варо ба ҳузури Худованд кафорат намояд.

30 Ва яке аз фохтаҳо ё чӯҷаҳои кабӯтарро, ки барояш дастрас бошад, тақдим менамояд, —

31 Яъне аз он чи барояш дастрас бошад, якеро барои курбонии гуноҳ ва дигареро барои қурбонии сӯхтанӣ бо якҷоягии хадияи ордӣ; ва коҳин покшавандаро ба ҳузури Худованд кафорат менамояд.

32 Ин аст қонун дар бораи шахсе ки захми махав дорад, ва дороии вай барои пок шуданаш ғайрикофист».

33 Ва Худованд ба Мусо ва Ҳорун сухан ронда, гуфт:

34 «Вақте ки ба замини Канъон, ки онро Ман ба тасарруфи шумо медиҳам, дохил шавед, ва Ман захми махавро ба хонае дар замини мулки шумо бифиристам,

35 Пас, соҳиби он хона бояд назди коҳин омада, бигӯяд: „Дар хона чизе мисли захм ба назар менамояд“.

36 Ва коҳин амр мефармояд, ки хонаро холӣ кунанд, пеш аз он ки коҳин барои дидани он захм биёяд, то ки ҳар он чи дар хона аст, наҷис нашавад; ва сонӣ коҳин барои дидани хона меояд.

37 Ва ӯ захмро мебинад, ва инак, захм бар деворҳои хона аз чуқурчаҳои сабзтоб ё сурхтоб иборат аст, ва намудашон аз девор пасттар аст;

38 Ва коҳин аз хона ба дари хона мебарояд, ва хонаро ҳафтрӯза мебандад.

39 Ва дар рӯзи ҳафтум коҳин омада, мебинад, ва инак, захм бар деворҳои хона паҳн шудааст;

40 Ва коҳин амр мефармояд, ки сангҳоеро, ки захм бар онҳост, канда гиранд, ва онҳоро берун аз шаҳр, дар макони нопоке партоянд,

41 Ва андоваи хонаро аз дарун гирдогирд битарошанд, ва хокеро, ки тарошидаанд, берун аз шаҳр, дар макони нопоке бирезанд,

42 Ва сангҳои дигаре гирифта, ба ҷои он сангҳо бимонанд, ва хоки дигаре гирифта, хонаро андова кунанд.

43 Ва агар захм аз нав пайдо шуда, баъд аз канда гирифтани сангҳо, ва баъд аз тарошидани андоваи хона, ва баъд аз андова кардани он боз дар хона паҳн шавад,

44 Пас, коҳин омада, мебинад, ва инак, захм дар хона паҳн шудааст, — ин махави муфсид аст дар хона; ва он наҷис аст.

45 Ин хонаро бояд вайрон карда, сангҳояш, ва чӯбҳояш, ва тамоми хоки хонаро берун аз шаҳр, дар макони нопоке бароранд.

46 Ва ҳар кӣ ба ин хона дар тамоми айёме ки он баста аст, доҳил шавад, то шом наҷис хоҳад буд.

47 Ва ҳар кӣ дар ин хона бихобад, бояд либосҳои худро бишӯяд, ва ҳар кӣ дар ин хона чизе бихӯрад, бояд либосҳои худро бишӯяд.

48 Ва агар коҳин омада бубинад, ва инак, захм баъд аз андова кардани хона паҳн нашудааст, — коҳин хонаро пок эълон мекунад, зеро ки захм бартараф шудааст.

49 Ва ӯ барои пок кардани хона ду паранда, ва чӯби арз, ва риштаи қирмизӣ, ва зуфо мегирад,

50 Ва як парандаро бар зарфи сафолин, бар оби равон мекушад;

51 Ва чӯби арз, ва зуфо, ва риштаи қирмизӣ, ва парандаи зиндаро мегирад, ва онҳоро дар хуни парандае ки бар оби равон кушта шудааст, меғӯтонад, ва бар хона ҳафт карат мепошад;

52 Ва хонаро бо хуни паранда, ва бо оби равон, ва бо парандаи зинда, ва бо чӯби арз, ва бо зуфо, ва бо риштаи қирмизӣ пок мекунад,

53 Ва парандаи зиндаро берун аз шаҳр, ба саҳро сар медиҳад, ва хонаро кафорат менамояд, ва он пок хоҳад буд».

54 Ин аст қонун дар бораи ҳар захми махав ва дар бораи калӣ,

55 Ва дар бораи махави либос ва хона,

56 Ва дар бораи варам, ва дар бораи хушкӣ, ва дар бораи доғи равшан, —

57 Барои таълим додани он ки кадом вақт ин наҷис аст, ва кадом вақт ин пок аст. Ин аст қонун дар бораи махав.

15

БОБИ ПОНЗДАҲУМ

Дастурҳо дар бораи покии ҷисм.

1 Ва Худованд ба Мусо ва Ҳорун сухан ронда, гуфт:

2 «Ба банӣ‐Исроил сухан ронда, ба онҳо бигӯед: агар касе аз ҷисми худ ҷараёне дошта бошад, он чи аз ӯ ҷорӣ мешавад, нопок аст.

3 Ва ин аст нопокии ӯ ба сабаби ҷараёни ӯ: хоҳ ҷараёни ӯ аз ҷисми ӯ ҷорӣ бошад, хоҳ ҷараёни ӯ дар ҷисми ӯ баста бошад, — ин нопокии ӯст.

4 Ҳар бистаре ки шахси ҷараёндор бар он мехобад, наҷис аст, ва ҳар ашьёе ки бар он менишинад, наҷис аст.

5 Ва ҳар кӣ ба бистари ӯ мерасад, бояд либосҳои худро бишӯяд ва дар об ғусл кунад, ва то шом наҷис хоҳад буд.

6 Ва ҳар кӣ бар ашьёе менишинад, ки шахси ҷараёндор бар он нишаста буд, бояд либосҳои худро бишӯяд ва дар об ғусл кунад, ва то шом наҷис хоҳад буд.

7 Ва ҳар кӣ ба бадани шахси ҷараёндор мерасад, бояд либосҳои худро бишӯяд ва дар об ғусл кунад, ва то шом наҷис хоҳад буд.

8 Ва агар шахси ҷараёндор бар каси пок туф кунад, он кас бояд либосҳои худро бишӯяд ва дар об ғусл кунад, ва то шом наҷис хоҳад буд.

9 Ва ҳар зине ки шахси ҷараёндор бар он савор мешавад, наҷис аст.

10 Ва ҳар кӣ ба ҳар он чи дар таги ӯ буд, мерасад, то шом наҷис хоҳад буд; ва ҳар кӣ он ашьёро мебардорад, бояд либосҳои худро бишӯяд ва дар об ғусл кунад, ва то шом наҷис хоҳад буд.

11 Ва ҳар касе ки шахси ҷараёндор ба ӯ мерасад, бе он ки дастҳояшро бо об шуста бошад, бояд либоси худро бишӯяд ва дар об ғусл кунад, ва то шом наҷис хоҳад буд.

12 Ва зарфи сафолин, ки шахси ҷараёндор ба он мерасад, бояд шикаста шавад; ва ҳар зарфи чӯбин бояд бо об шуста шавад.

13 Ва ҳангоме ки шахси ҷараёндор аз ҷараёни худ пок мешавад, ӯ бояд аз вақти пок шуданаш ҳафт рӯз шумурда, либосҳои худро бишӯяд ва бадани худро дар оби равон ғусл диҳад, ва пок хоҳад буд;

14 Ва дар рӯзи ҳаштум ӯ барои худ ду фохта ё ду чӯҷаи кабӯтар мегирад, ва ба хузури Худованд, назди дари хаймаи ҷомеъ, онҳоро ба коҳин медиҳад.

15 Ва коҳин якеро ҳамчун қурбонии гуноҳ ва дигареро ҳамчун қурбонии сӯхтанӣ тақдим мекунад; ва коҳин ӯро ба ҳузури Худованд аз ҷараёни ӯ кафорат менамояд.

16 Ва агар аз марде ҷараёни нутфа берун ояд, ӯ бояд тамоми бадани худро дар об ғусл диҳад, ва то шом наҷис хоҳад буд.

17 Ва ҳар либос ва ҳар пӯст, ки ҷараёни нутфа бар он бошад, бояд бо об шуста шавад, ва то шом наҷис хоҳад буд.

18 Ва агар ба марде, ҳангоме ки бо зане хобида бошад, ҷараёни нутфа рӯй диҳад, бояд онҳо дар об ғусл кунанд, ва то шом наҷис хоҳанд буд.

19 Ва агар зане ҷараён дошта бошад, яъне ҷараёни хуне ки аз ҷисми вай ҷорӣ мешавад, — вай бояд ҳафт рӯз дар ҳайзи худ бимонад; ва ҳар кӣ ба вай мерасад, то шом наҷис хоҳад буд.

20 Ва ҳар чизе ки вай дар вақти ҳайзи худ бар он мехобад, наҷис аст; ва ҳар чизе ки вай бар он менишинад, наҷис аст.

21 Ва ҳар кӣ ба бистари вай мерасад, бояд либоси худро бишӯяд, ва дар об ғусл кунад, ва то шом наҷис хоҳад буд.

22 Ва ҳар кӣ ба ҳар ашьёе мерасад, ки вай бар он нишаста буд, бояд либоси худро бишӯяд ва дар об ғусл кунад, ва то шом наҷис хоҳад буд.

23 Ва агар бар бистари вай ё бар ашьёе ки вай бар он нишаста буд, чизе бошад, ҳангоме ки касе ба он чиз мерасад, то шом наҷис хоҳад буд.

24 Ва агар марде бо вай бихобад, — ҳайзи вай бар ӯ хоҳад буд, ва ӯ ҳафт рӯз наҷис хоҳад гардид; ва ҳар бистаре ки ӯ бар он мехобад, наҷис хоҳад буд.

25 Ва агар зане рӯзҳои бисьёр, бидуни замони ҳайзаш, ҷараёни хун дошта бошад, ё ки ҷараёнаш зиёда аз замони ҳайзаш давом кунад, — тамоми айёми ҷараёни нопокии вай мисли рӯзҳои ҳайзи вай хоҳад буд; вай наҷис аст.

26 Ҳар бистаре ки вай тамоми айёми ҷараёни худ бар он мехобад, барои вай мисли бистари ҳайзаш хоҳад буд; ва ҳар ашьёе ки вай бар он менишинад, мисли нопокии ҳайзи вай наҷис хоҳад буд.

27 Ва ҳар кӣ ба он ашьё мерасад, наҷис хоҳад буд, ва бояд либоси худро бишӯяд ва дар об ғусл кунад, ва то шом наҷис хоҳад буд.

28 Ва ҳангоме ки вай аз ҷараёни худ фориғ мешавад, вай бояд ҳафт рӯз барои худ бишморад, ва баъд аз он пок хоҳад буд.

29 Ва дар рӯзи ҳаштум вай ду фохта ё ду чӯҷаи кабӯтар барои худ мегирад, ва онҳоро ба коҳин, назди дари хаймаи ҷомеъ мебиёрад.

30 Ва коҳин якеро ҳамчун қурбонии гуноҳ ва дигареро ҳамчун қурбонии сӯхтанӣ тақдим мекунад; ва коҳин варо ба ҳузури Худованд аз ҷараёни нопокии вай кафорат менамояд.

31 Пас, банӣ‐Исроилро аз нопокии онҳо эҳтиёт кунед, то ки маскани Маро, ки дар миёни онхост, палид гардонида, дар нопокии худ намиранд».

32 Ин аст қонун дар бораи касе ки ҷараён дорад, ва дар бораи касе ки нутфа аз вай берун омада, варо наҷис мегардонад,

33 Ва дар бораи зане ки дар вақти ҳайзи худ азият мекашад, ва дар бораи шахсе ки ҷараён дорад, — хоҳ мард бошад хоҳ зан, — ва дар бораи марде ки бо зани нопок мехобад.

16

БОБИ ШОНЗДАҲУМ

Дар бораи рӯзи мусолиҳа.

1 Ва Худованд ба Мусо баъд аз мурдани ду писари Ҳорун, ки ба ҳузури Худованд наздик омаданд ва мурданд, сухан ронда, гуфт;

2 Ва Худованд ба Мусо гуфт: «Ба бародарат Ҳорун бигӯ, ки дар қудс ба пушти пардае ки пеши сарпӯши сандуқ аст, ҳар вақт дохил нашавад, то ки намирад, зеро ки Ман андаруни абр бар сарпӯш зоҳир хоҳам шуд.

3 Бо ин чизҳо Ҳорун бояд ба қудс дохил шавад: бо гӯсолае барои қурбонии гуноҳ ва бо қӯчқоре барои қурбонии сӯхтанӣ.

4 Бигзор пероҳани катони муқаддасро дар бар кунад, ва эзори катон бар баданаш бошад, ва камарбанди катонро бибандад, ва аммомаи катонро бипӯшад: инҳо либосҳои муқаддас аст; ва бадани худро дар об ғусл дода, онҳоро дар бар кунад.

5 Ва аз ҷамоати банӣ‐Исроил бигзор ду нарбуз барои қурбонии гуноҳ, ва як қӯчқор барои қурбонии сӯхтанӣ бигирад.

6 Ва Ҳорун гӯсолаи қурбонии гуноҳро, ки барои худи ӯст, тақдим карда, худаш ва аҳли байташро кафорат менамояд;

7 Ва ду нарбузро мегирад, ва онҳоро ба ҳузури Худованд, назди дари хаймаи ҷомеъ мегузорад.

8 Ва Ҳорун бар он ду нарбуз қуръа мепартояд: як қуръа барои Худованд, ва як қуръа барои Азозил+ 16:8 Азозил — номи рӯҳи бад ё девест, ки гӯё дар биёбон сукунат доштааст..

9 Ва Ҳорун нарбузеро, ки қуръа барои Худованд бар он баромадааст, наздик меоварад, ва онро барои қурбонии гуноҳ тақдим менамояд.

10 Ва нарбузеро, ки куръа барои Азозил бар он баромадааст, дар ҳолати зинда ба ҳузури Худованд мегузорад, то ки бар он кафорат намояд ва онро барои Азозил ба биёбон бифиристад.

11 Ва Ҳорун гӯсолаи қурбонии гуноҳро, ки барои худи ӯст, наздик меоварад, ва худаш ва аҳли байташро кафорат менамояд; ва ин гӯсолаи қурбонии гуноҳро, ки барои худи ӯст, забҳ мекунад,

12 Ва маҷмари пур аз лахчаҳои оташро аз болои қурбонгоҳе ки дар ҳузури Худованд аст, ва ду мушт бухури муаттари сударо гирифта, ба пушти парда медарояд;

13 Ва бухурро бар оташ ба ҳузури Худованд мемонад, ва абри бухур сарпӯшеро, ки бар алвоҳи шаҳодат аст, мепӯшонад, то ки ӯ намирад;

14 Ва аз хуни гӯсола гирифта, бо ангушташ ба тарафи шарқии сарпӯш мепошад, ва пеши сарпӯш ҳафт карат аз он хун бо ангушташ мепошад;

15 Ва нарбузи қурбонии гуноҳро, ки барои қавм аст, забҳ мекунад, ва хуни онро ба пушти парда меоварад, ва бо хунаш ончунон амал мекунад, ки бо хуни гӯсола амал карда буд, ва онро бар сарпӯш ва пеши сарпӯш мепошад;

16 Ва қудсро аз нопокиҳои банӣ‐Исроил ва аз ҷиноятҳои онҳо, ки дар ҳамаи гуноҳҳои онҳост, кафорат менамояд; ва бо хаймаи ҷомеъ низ, ки бо онҳо дар миёни нопокиҳои онҳо сокин аст, чунин амал мекунад.

17 Ва ҳеҷ кас набояд дар хаймаи ҷомеъ бошад, аз вақте ки ӯ барои кафорат кардан ба қудс дохил мешавад, то вақте ки берун меояд; ва ҳамин тавр ӯ худаш, аҳли байташ ва тамоми ҷамоати Исроилро кафорат менамояд;

18 Ва назди қурбонгоҳе ки дар ҳузури Худованд аст, берун омада, онро кафорат менамояд, яъне аз хуни гӯсола ва аз хуни нарбуз гирифта, бар шохҳои қурбонгоҳ гирдогирд мемолад;

19 Ва бар он аз хун бо ангушташ ҳафт карат мепошад, ва онро аз нопокиҳои банӣ‐Исроил пок мегардонад ва тақдис менамояд;

20 Ва кафорати қудс ва хаймаи ҷомеъ ва қурбонгоҳро ба анҷом расонида, нарбузи зиндаро наздик меоварад.

21 Ва Ҳорун ду дасти худро бар сари нарбузи зинда мемонад, ва бар он ҳамаи хатоҳои банӣ‐Исроил ва ҳамаи ҷиноятҳои онҳо ва ҳамаи гуноҳҳои онҳоро эътироф менамояд, ва онҳоро бар сари нарбуз мегузорад, ва онро ба воситаи шахси махсус ба биёбон мефиристонад.

22 Ва нарбуз ҳамаи гуноҳҳои онҳоро бар худ бардошта, ба замини харобазор мебарад; ва он шахс нарбузро дар биёбон сар медиҳад.

23 Ва Ҳорун ба хаймаи ҷомеъ дохил мешавад, ва либосҳои катонро, ки ҳангоми дохил шудан ба қудс пӯшида буд, мекашад, ва онҳоро дар он ҷо мемонад;

24 Ва бадани худро дар макони муқаддас дар об ғусл медиҳад, ва либосҳои худро мепӯшад, ва берун омада, қурбонии сӯхтании худаш ва қурбонии сӯхтании қавмро тақдим мекунад, ва худаш ва қавмро кафорат менамояд;

25 Ва чарбуи қурбонии гуноҳро бар қурбонгоҳ месӯзонад.

26 Ва он шахс, ки нарбузро барои Азозил бурдааст, бояд либосҳои худро бишӯяд, ва бадани худро дар об ғусл диҳад, ва баъд аз он метавонад ба ӯрдугоҳ дохил шавад.

27 Ва гӯсолаи қурбонии гуноҳ ва нарбузи қурбонии гуноҳро, ки хунашон барои кафорат ба қудс дароварда шуда буд, бигзор аз ӯрдугоҳ берун оваранд, ва пӯсти онҳо ва гӯшти онҳо ва саргини онҳоро дар оташ бисӯзонанд.

28 Ва он шахс, ки онҳоро месӯзонад, бояд либосҳои худро бишӯяд, ва бадани худро дар об ғусл диҳад, ва баъд аз он метавонад ба ӯрдугоҳ дохил шавад.

29 Ва бигзор ин барои шумо фаризаи абадӣ бошад: дар моҳи ҳафтум, дар рӯзи даҳуми моҳ, ҷонҳои худро бо рӯза азият диҳед ва ҳеҷ коре накунед, — ҳам тубҷоиён ва ҳам ғарибоне ки дар миёни шумо маскан гирифта бошанд.

30 Зеро ки дар ин рӯз коҳин шуморо кафорат менамояд, то ки шуморо аз хамаи гуноҳҳотон пок гардонад: шумо ба хузури Худованд пок хоҳед шуд.

31 Ин шанбеи оромист барои шумо, ва шумо ҷонҳои худро бо рӯза азият диҳед: ин фаризаи абадист.

32 Ва кафоратро бояд коҳине ба амал оварад, ки ӯро тадҳин намуда, баргумошта бошанд, то ки ба ҷои падараш каҳонат намояд; ва ӯ либосҳои катон, яъне либосҳои муқаддас дар бар мекунад,

33 Ва қудси қудсҳоро кафорат менамояд, ва хаймаи ҷомеъ ва қурбонгоҳро низ кафорат менамояд, ва коҳинон ва тамоми ҷамоати қавмро кафорат менамояд.

34 Ва ин барои шумо фаризаи абадӣ хоҳад буд, то ки банӣ‐Исроил аз ҳамаи гуноҳҳошон соле як карат кафорат карда шаванд». Ва Ҳорун ончунон, ки Худованд ба Мусо амр фармуда буд, ба амал овард.

17

БОБИ ҲАФДАҲУМ

Дастур дар бораи макони тақдим кардани қурбонӣ.

1 Ва Худованд ба Мусо сухан ронда, гуфт:

2 «Ба Ҳорун ва писаронаш, ва ба тамоми банӣ‐Исроил сухан ронда, ба онҳо бигӯ: ин аст он чи Худованд амр фармуда, гуфтааст:

3 Ҳар касе ки аз хонадони Исроил гове ё гӯсфанде ё бузе дар ӯрдугоҳ забҳ мекунад, ё ки берун аз ӯрдугоҳ забҳ мекунад,

4 Ва онро ба дари хаймаи ҷомеъ намебиёрад, то ки барои Худованд, пеши маскани Худованд қурбонӣ кунад, — ин барои он кас хун ҳисоб хоҳад ёфт: вай хун рехтааст, ва он кас аз миёни қавми худ маҳв хоҳад шуд,

5 То ки банӣ‐Исроил забҳҳои худро, ки дар саҳро забҳ мекунанд, биёранд, яъне онҳоро барои Худованд ба дари хаймаи ҷомеъ, назди коҳин биёранд, ва онҳоро ҳамчун забҳҳои саломатӣ барои Худованд забҳ кунанд;

6 Ва коҳин хунро бар қурбонгоҳи Худованд, назди дари хаймаи ҷомеъ мепошад, ва чарбуро ҳамчун атри гуворо барои Худованд месӯзонад;

7 Ва минбаъд онҳо забҳҳои худро барои девҳое ки пайравӣ менамоянд, набояд забҳ кунанд. Ин барои онҳо дар наслҳошон фаризаи абадӣ хоҳад буд.

8 Ва ба онҳо бигӯ: ҳар касе ки аз хонадони Исроил, ва аз ғарибоне ки дар миёни онҳо маскан гирифтаанд, қурбонии сӯхтанӣ ё забҳе тақдим намояд,

9 Вале онро ба дари хаймаи ҷомеъ наоварад, то ки онро барои Худованд тақдим намояд, — он кас аз миёни қавми худ маҳв хоҳад шуд.

Дар бораи хун: аҳамият ва қудсияти он.

10 Ва ҳар кас аз хонадони Исроил ва аз ғарибоне ки дар миёни онҳо маскан гирифтаанд, агар ягон хунро бихӯрад, Ман хашми Худро бар ҷони он хӯрандаи хун равона карда, онро аз миёни қавми Худ маҳв хоҳам кард,

11 Чунки ҷони ҷисм дар хун аст, ва Ман онро ба шумо барои қурбонгоҳ додаам, то ки ҷонҳои шуморо кафорат намояд, зеро ҳамин хун аст, ки ҷонро кафорат менамояд.

12 Бинобар ин Ман ба банӣ‐Исроил гуфтаам: ҳеҷ кас аз миёни шумо хун нахӯрад, ва ғарибе ки дар миёни шумо маскан гирифтааст, хун нахӯрад.

13 Ва ҳар кас аз банӣ‐Исроил ва аз ғарибоне ки дар миёни онҳо маскан гирифтаанд, агар ҷонваре ё парандаеро, ки хӯрда мешавад, сайд кунад, бояд хуни онро бирезад ва бо хок бипӯшонад.

14 Зеро ҷони ҳар ҷисм хуни он аст, яъне ҷонаш дар он аст. Ва Ман ба банӣ‐Исроил гуфтаам: хуни ҳеҷ як ҷисмро нахӯред, зеро ки ҷони ҳар ҷисм хуни он аст; ҳар кӣ онро бихӯрад, маҳв хоҳад шуд.

15 Ва ҳар кас, хоҳ тубҷоӣ бошад хоҳ ғариб, агар лоша ё даридашударо бихӯрад, бояд либосҳои худро бишӯяд ва дар об ғусл кунад, ва то шом наҷис буда, баъд аз он пок хоҳад шуд.

16 Вале агар либосҳояшро нашӯяд ва баданашро ғусл надиҳад, — барои гуноҳи худ ҷазо хоҳад ёфт».

18

БОБИ ҲАЖДАҲУМ

Манъи издивоҷи хешу табори наздик.

1 Ва Худованд ба Мусо сухан ронда, гуфт:

2 «Ба банӣ‐Исроил сухан ронда, ба онҳо бигӯ: Ман Худованд Худои шумо ҳастам.

3 Мисли аъмоли замини Миср, ки дар он сокин будед, амал накунед, ва мисли аъмоли замини Канъон, ки Ман шуморо ба он ҷо мебарам, амал накунед, ва бар тибқи фароизи онҳо рафтор нанамоед.

4 Дастурҳои Маро ба амал оваред ва фароизи Маро риоя намоед, то ки бар тибқи онҳо рафтор кунед; Ман Худованд Худои шумо ҳастам.

5 Ва фароизу дастурҳои Маро риоя намоед, ки одам онҳоро ба амал оварда, бо онҳо зинда хоҳад буд; Ман Худованд ҳастам.

6 Ҳеҷ кас ба ҳеҷ хешованди ҳамҷисми худ наздик нашавад, то ки авраташро ошкор кунад; Ман Худованд ҳастам.

7 Аврати падаратро, яъне аврати модаратро ошкор накун; вай модари туст, аврати варо ошкор накун.

8 Аврати зани падаратро ошкор накун; он аврати падари туст.

9 Аврати хоҳаратро, яъне духтари падарат ё духтари модаратро, хоҳ мавлуди хона бошад хоҳ мавлуди берун, — аврати онҳоро ошкор накун.

10 Аврати духтари писарат ё духтари духтаратро, — аврати онҳоро ошкор накун, зеро ки инҳо аврати туст.

11 Аврати духтари зани падаратро, ки аз падарат зоида шуда бошад, — вай хоҳари туст, — аврати варо ошкор накун.

12 Аврати хоҳари падаратро ошкор накун; вай ҳамҷисми падари туст.

13 Аврати хоҳари модаратро ошкор накун, зеро ки вай ҳамҷисми модари туст.

14 Аврати бародари падаратро ошкор накун: ба зани вай наздик нашав; вай янгаи туст.

15 Аврати келинатро ошкор накун; вай зани писари туст, аврати варо ошкор накун.

16 Аврати зани бародаратро ошкор накун; ин аврати бародари туст.

17 Аврати зан ва духтари варо ошкор накун; духтари писараш ва духтари духтарашро нагир, то ки аврати варо ошкор кунӣ; инҳо ҳамҷисми вай мебошанд, ва ин фисқу фуҷур аст.

18 Ва занеро бо хоҳараш ҳамчун паланҷи вай нагир, то ки аврати ӯро дар ҳузури вай, ҳангоме ки вай зинда аст, ошкор кунӣ.

19 Ва ба зан дар вақти нопокии ҳайзи вай наздик нашав, то ки аврати варо ошкор кунӣ.

20 Ва бо зани ёри худ ҷимоъ накун, то ки нутфа рехта, бо вай наҷис гардӣ.

21 Ва аз насли худ ҳеҷ якеро барои Мӯлик аз оташ нагузарон, ва исми Худои худро беҳурмат нагардон.

22 Ва бо мард мисли зан ҷимоъ накун; ин кори зишт аст.

23 Ва бо ҳеҷ чорпо нахусп, то ки бо он наҷис гардӣ; ва зане набояд пеши чорпое биистад, то ки бо он ҷимоъ кунад; ин қабоҳат аст.

24 Бо ҳеҷ яке аз инҳо худро наҷис нагардонед, зеро халқҳое ки Ман онҳоро аз пеши шумо бадар меронам, худро бо ҳамаи инҳо наҷис гардонидаанд.

25 Ва замин наҷис гардид, ва Ман онро барои гуноҳаш ҷазо додам, ва замин сокинони худро қай намуд.

26 Вале шумо фароизу дастурҳои Маро риоя намоед, ва ҳеҷ якеро аз ин қабоҳатҳо ба амал наоваред, — хоҳ тубҷоиён хоҳ ғарибоне ки дар миёни шумо маскан гирифтаанд;

27 Зеро мардумони ин замин, ки пеш аз шумо буданд, ҳамаи ин қабоҳатҳоро ба амал меоварданд, ва замин наҷис гардид;

28 Мабодо ин замин шуморо низ, агар онро наҷис гардонед, қай кунад, чунон ки халқҳоеро, ки пеш аз шумо буданд, қай кардааст.

29 Зеро ҳар касе ки яке аз ин қабоҳатҳоро ба амал оварад, ҷонҳои ба амал овардагон аз миёни қавми худ маҳв хоҳанд шуд.

30 Пас, фармони Маро риоя намоед, то ки бар тибқи он урфу одатҳои зишт, ки пеш аз шумо ба амал оварда шудааст, амал накунед, ва бо онҳо худро наҷис нагардонед. Ман Худованд Худои шумо ҳастам».

19

БОБИ НУЗДАҲУМ

Баёни даҳ аҳком.

1 Ва Худованд ба Мусо сухан ронда, гуфт:

2 «Ба тамоми ҷамоати банӣ‐Исроил сухан ронда, ба онҳо бигӯ: муқаддас бошед, зеро ки Ман, Худованд Худои шумо, қуддус ҳастам.

3 Ҳар яке аз модари худ ва аз падари худ тарсон бошед, ва шанбеҳои Маро риоя намоед. Ман Худованд Худои шумо ҳастам.

4 Ба бутҳо рӯ наоваред, ва худоҳои рехташуда барои худ насозед. Ман Худованд Худои шумо ҳастам.

5 Ва ҳангоме ки қурбонии саломатӣ барои Худованд забҳ мекунед, онро тавре забҳ кунед, ки сазовори таваҷҷӯҳ гардед.

6 Дар рӯзе ки онро забҳ мекунед, ва фардояш он бояд хӯрда шавад, ва он чи то рӯзи сеюм боқӣ мемонад, бояд дар оташ сӯзонида шавад.

7 Ва агар дар рӯзи сеюм хӯрда шавад, ин қабеҳ аст, сазовори таваҷҷӯҳ намегардад.

8 Ва ҳар кӣ онро бихӯрад, барои гуноҳаш ҷазо хоҳад ёфт, зеро ки чизи муқаддаси Худовандро беҳурмат кардааст, ва он кас аз миёни қавми худ маҳв хоҳад шуд.

9 Ва ҳангоме ки ҳосили замини худро дарав мекунед, канораи киштзори худро то ба охир дарав накунед, ва хӯшаҳои аз бандҳо афтодаро начинед.

10 Ва токзори худро доначинӣ накун, ва шингилҳои афтодаи токҳоятро начин: онҳоро барои бенаво ва ғариб бимон. Ман Худованд Худои шумо ҳастам.

11 Дуздӣ накунед, ва мункир нашавед, ва ба якдигар дурӯғ нагӯед.

12 Ва ба исми Ман қасами дурӯғ нахӯред, ки исми Худои худро бо ин беҳурмат хоҳед кард. Ман Худованд ҳастам.

13 Ҳаққи ёри худро нахӯр ва ғоратгарӣ накун, музди меҳнати муздурро назди худ то субҳ нигоҳ надор.

14 Карро ҳақорат накун, ва пеши кӯр монеае нагузор, — аз Худои худ тарсон бош. Ман Худованд ҳастам.

15 Дар мурофиа беинсофӣ накун, ба камбағал рӯбинӣ нанамо ва ба шахси бузург тамаллуқ накун; ёри худро аз рӯи инсоф доварӣ намо.

16 Дар миёни қавми худ ғайбатгӯӣ накун, нисбат ба хуни ёри худ бепарво набош. Ман Худованд ҳастам.

17 Ба бародарат дар дили худ адоват накун; ёратро мазаммат намо, ва барои ӯ гуноҳкор нахоҳӣ шуд.

18 Аз фарзандони қавми худ интиқом накаш ва кина ба дил нагир, ва ёратро мисли худат дӯст дор. Ман Худованд ҳастам.

19 Фароизи Маро риоят кунед; чорпои худро бо ҷинси ғайр ҷуфтӣ нанамо; киштзори худро бо ду навъ тухмӣ кишт накун; ва либоси иборат аз ду навъ матоъ, яъне аз пашм ва катон, напӯш.

20 Ва агар марде бо зане хобида нутфа резад, ва он зан каниз ва номзади касе бошад, вале ҳанӯз барояш фидия дода нашуда бошад, ё озодӣ ба вай дода нашуда бошад, — онҳо бояд ба ҷазо мустаҳиқ карда шаванд, аммо набояд кушта шаванд, зеро ки вай озод карда нашудааст.

21 Бигзор он мард қурбонии ҷурми худро, яъне қӯчқори қурбонии ҷурмро барои Худованд назди дари хаймаи ҷомеъ биёрад.

22 Ва коҳин варо бо қӯчқори қурбонии ҷурм ба ҳузури Худованд барои гуноҳе ки кардааст, кафорат менамояд, ва ӯ аз гуноҳе ки кардааст, омурзида хоҳад шуд.

23 Ва ҳангоме ки ба замин дохил шавед ва ҳар навъ дарахти мевадор шинонед, — меваи онро номахтун ҳисоб кунед: се сол он бояд барои шумо номахтун ҳисоб ёфта, хӯрда нашавад.

24 Ва дар соли чорум тамоми меваи он бояд барои иди ҳамду санои Худованд тақдис карда шавад.

25 Ва дар соли панҷум меваи онро метавонед бихӯред, ва ҳосили он барои шумо афзун хоҳад шуд. Ман Худованд Худои шумо ҳастам.

26 Ҳеҷ чизро бо хун нахӯред; фол накушоед ва афсун накунед.

27 Канораи мӯи сари худро гирдогирд қайчӣ накунед, ва канораи риши худро натарошед.

28 Ва бадани худро барои мурда нахарошед, ва ҳеҷ нақше бар худ вашм накунед. Ман Худованд ҳастам.

29 Духтари худро беисмат намуда, ба роҳи фаҳш наандоз, то ки замин ба зино дода нашавад, ва замин пур аз фисқу фуҷур нагардад.

30 Шанбеҳои Маро риоя намоед, ва қудси Маро ҳурмат кунед. Ман Худованд ҳастам.

31 Ба ҷодугарон ва азоимхонон рӯ наоваред; аз паи он нашавед, ки худро аз онҳо наҷис гардонед. Ман Худованд Худои шумо ҳастам.

32 Пеши мӯйсафед бархез ва пирро эҳтиром намо, ва аз Худои худ тарсон бош. Ман Худованд ҳастам.

33 Ва ҳангоме ки ғарибе бо шумо дар замини шумо маскан гирад, варо озор надиҳед.

34 Ғарибе ки дар миёни шумо маскан гирифтааст, бигзор барои шумо мисли тубҷоии шумо бошад; ва ӯро мисли худат дӯст дор, зеро ки шумо дар замини Миср ғариб будед. Ман Худованд Худои шумо ҳастам.

35 Дар мурофиа, дар андоза, дар вазн ва дар паймоиш беинсофӣ накунед.

36 Бигзор шуморо тарозуи дуруст, сангҳои дуруст, эфаи дуруст ва ҳини дуруст бошад. Ман Худованд Худои шумо ҳастам, ки шуморо аз замини Миср берун овардаам.

37 Пас, тамоми фароизи Маро ва ҳамаи дастурҳои Маро риоя намоед, ва онҳоро ба амал оваред. Ман Худованд ҳастам».

20

БОБИ БИСТУМ

Чораҳои ҷазо барои гуноҳҳои гуногун.

1 Ва Худованд ба Мусо сухан ронда, гуфт:

2 «Инро низ ба банӣ‐Исроил бигӯ: ҳар кӣ аз банӣ‐Исроил ва аз ғарибоне ки дар Исроил маскан гирифтаанд, аз насли худ ба Мӯлик бидиҳад, бигзор кушта шавад: бигзор қавми замин варо сангсор кунанд.

3 Ва Ман хашми Худро ба он кас хоҳам нигаронид ва ӯро аз миёни қавмаш маҳв хоҳам кард, зеро ки ӯ аз насли худ ба Мӯлик додааст, то ки қудси Маро наҷис ва исми қуддуси Маро беҳурмат гардонад.

4 Ва агар қавми замин чашмони худро аз он кас бипӯшонанд, вақте ки ӯ аз насли худ ба Мӯлик медиҳад, ва ӯро накушанд, —

5 Дар он сурат Ман хашми Худро ба он кас ва ба оилаи ӯ хоҳам нигаронид, ва ӯ ва ҳамаи онҳоеро, ки аз паи ӯ зино карда, ба Мӯлик зинокорона пайравӣ намудаанд, аз миёни қавми онҳо маҳв хоҳам сохт.

6 Ва касе ки ба ҷодурагон ва азоимхонон рӯ меоварад, то ки ба онҳо зинокорона пайравӣ намояд, — Ман хашми Худро ба он кас нигаронида, ӯро аз миёни қавмаш маҳв хоҳам кард.

7 Ва шумо худро тақдис намуда, одамони муқаддас бошед, зеро ки Ман Худованд Худои шумо ҳастам.

8 Ва фароизи Маро риоя намоед, ва онҳоро ба амал оваред. Ман Худованд ҳастам, ки шуморо тақдис менамоям.

9 Ҳар кӣ падари худ ё модари худро ҳақорат кунад, бояд ҳатман кушта шавад: модоме ки вай падари худ ё модари худро ҳақорат кардааст, хунаш бар гарданаш хоҳад буд.

10 Ва касе ки бо зани шавҳардор зино кунад, яъне касе ки бо зани ёри худ зино кунад, — бигзор он марди зинокор ва он зани зинокор кушта шаванд.

11 Ва касе ки бо зани падари худ хобида, аврати падари худро ошкор кардааст, — бигзор ҳар дуяшон кушта шаванд; хунашон бар гардани онҳост.

12 Ва касе ки бо келини худ бихобад, — бигзор ҳар дуяшон кушта шаванд; кори зиште кардаанд, хунашон бар гардани онҳост.

13 Ва касе ки бо марде бихобад, мисли он ки бо зан мехобанд, — ҳар дуяшон кори зиште кардаанд; бигзор онҳо кушта шаванд, хунашон бар гардани онҳост.

14 Ва касе ки зан ва модари варо бигирад, ин фисқу фуҷур аст; ӯ ва онҳо бояд дар оташ сӯзонида шаванд, то ки фисқу фуҷур дар миёни шумо набошад.

15 Ва касе ки бо чорпое ҷимоъ кунад, — бигзор вай кушта шавад; он чорпоро низ бикушед.

16 Ва зане ки ба ягон чорпо наздик шавад, то ки он бо вай ҷимоъ кунад, — он зан ва он чорпоро бикуш; бигзор онҳо кушта шаванд, хунашон бар гардани онҳост.

17 Ва касе ки хоҳари худро, яъне духтари падараш ё духтари модарашро бигирад, ва аврати варо бубинад, вай низ аврати ӯро бубинад, — ин расвоист; бигзор онҳо дар пеши назари фарзандони қавми худ маҳв карда шаванд; ӯ аврати хоҳарашро ошкор кардааст, — барои гуноҳаш ҷазо хоҳад ёфт.

18 Ва касе ки бо зане дар вақти хайзи вай хобида, аврати варо ошкор кунад, азбаски ӯ чашмаи хуни варо яла кардааст, ва вай чашмаи хуни худро ошкор кардааст, — бигзор ҳар дуяшон аз миёни қавми худ маҳв карда шаванд.

19 Ва аврати хоҳари модари худ ва хоҳари падари худро ошкор накун; он кас аврати ҳамҷисми худро ошкор кардааст; онҳо барои гуноҳи худ ҷазо хоҳанд ёфт.

20 Ва касе ки бо янгаи худ бихобад, — аврати амаки (ё тағои) худро ошкор кардааст; онҳо барои гуноҳи худ чазо хоҳанд ёфт, бефарзанд хоҳанд мурд.

21 Ва касе ки зани бародари худро бигирад, — ин кори зишт аст: ӯ аврати бародари худро ошкор кардааст; онҳо бефарзанд хоҳанд буд.

22 Пас, тамоми фароизи Маро ва тамоми аҳкоми Маро риоя намоед, ва онҳоро ба амал оваред, то замине ки Ман шуморо ба он ҷо мебарам, то ки дар он сокин шавед, шуморо қай накунад.

23 Ва бар тибқи фароизи халқҳое ки Ман онҳоро аз пеши шумо бадар меронам, рафтор накунед; зеро ки онҳо ҳамаи ин корҳоро карданд, ва Ман аз онҳо нафрат намудам.

24 Ва ба шумо гуфтам: „Шумо замини онҳоро мерос хоҳед гирифт, ва Ман онро ба шумо хоҳам дод, то ки онро тасарруф намоед, — замине ки шир ва асал дар он ҷорист“. Ман Худованд Худои шумо ҳастам, ки шуморо аз қавмҳо фарқ кардаам.

25 Пас, шумо низ чорпоёни покро аз наҷис, ва парандагони покро аз наҷис фарқ кунед, ва ҷонҳои худро бо чорпоён ва парандагон ва ҳар чизе ки бар замин мехазад, наҷис нагардонед, ки Ман онҳоро ҳамчун чизҳои наҷис барои шумо фарқ кардаам.

26 Ва шумо барои Ман муқаддас бошед, зеро ки Ман, Худованд, қуддус ҳастам, ва шуморо аз қавмҳо фарқ кардаам, то ки аз они Ман бошед.

27 Ва мард ё зане ки ҷодугар ё азоимхон бошанд, бигзор кушта шаванд: онҳо бояд сангсор карда шаванд, — хунашон бар гардани онҳост».

21

БОБИ БИСТУ ЯКУМ

Дастурҳо ба коҳинон.

1 Ва Худованд ба Мусо гуфт: «Ба коҳинон, яъне ба писарони Ҳорун сухан ронда, ба онҳо бигӯ: касе аз онҳо худро бо мурдае аз миёни қавми худ наҷис нагардонад,

2 Балки фақат бо ҳамҷисми ба худаш наздик: бо модараш ва падараш ва писараш ва духтараш ва бародараш,

3 Ва хоҳари бокирааш, ки ба ӯ наздик буда, ҳанӯз шавҳар накардааст, — метавонад худро наҷис гардонад;

4 Ҳамчун шахси зандор набояд ӯ худро дар миёни қавми худ бо мурдае наҷис гардонида, палид шавад.

5 Бигзор онҳо мӯи сари худро нагиранд, ва канораи риши худро натарошанд, ва бадани худро харош накунанд.

6 Онҳо бояд барои Худои худ муқаддас бошанд, ва исми Худои худро беҳурмат накунанд, зеро ки онҳо қурбониҳои оташини Худовандро, яъне нони Худои худро тақдим менамоянд, ва бояд муқаддас бошанд.

7 Зани зинокор ва беисматро набояд бигиранд, ва зани аз шавҳараш талоқгирифтаро набояд бигиранд, зеро ки коҳин барои Худои худ муқаддас аст.

8 Ва ту ӯро тақдис намо, зеро ки ӯ нони Худои туро тақдим менамояд; бигзор ӯ барои ту муқаддас бошад, зеро Ман, Худованде ки шуморо тақдис менамоям, қуддус ҳастам.

9 Ва агар духтари коҳин бо зинокорӣ худро палид созад, вай падари худро палид месозад; бигзор вай дар оташ сӯзонида шавад.

10 Ва коҳине ки аз бародарони худ бузург аст, яъне бар сараш равғани тадҳин рехта шудааст, ва барои пӯшидани либосҳо баргумошта шудааст, — бигзор сари худро накшояд, ва либосҳои худро чок назанад,

11 Ва ба ҳеҷ каси мурда наздик нашавад: худро ҳатто бо падараш ва модараш наҷис нагардонад,

12 Ва аз қудс берун набарояд, ва қудси Худои худро палид накунад, зеро ки афсари равғани тадҳини Худои ӯ бар ӯст. Ман Худованд ҳастам.

13 Ва ӯ бояд зани бокирае бигирад.

14 Бева, талоқгирифта, палидшуда ва фоҳишаро ӯ набояд бигирад, балки бояд бокирае аз миёни қавми худ ба занӣ бигирад.

15 Ва набояд насли худро дар қавми худ палид созад, зеро Ман Худованде ҳастам, ки ӯро тақдис менамоям».

16 Ва Худованд ба Мусо сухан ронда, гуфт:

17 «Ба Ҳорун сухан ронда, бигӯ: ҳеҷ кас аз зурьёти ту дар наслҳои онҳо, ки маъюбие дошта бошад, набояд наздик ояд, то ки нони Худои худро тақдим намояд,

18 Яъне ҳар касе ки маъюб аст, наздик наояд: на кӯр, на ланг, на пучуқ, на аъҷуба,

19 На шахси шикастапой ё шикастадаст,

20 На кӯзпушт, на лоғарбадан, на шахсе ки ба чашмаш гул афтодааст, на пес, на кал, на шахсе ки байзаҳояш маҷақ шудааст.

21 Хар касе ки аз насли Ҳоруни коҳин маъюбӣ дошта бошад, набояд наздик ояд, то ки қурбониҳои оташини Худовандро тақдим намояд; азбаски вай маъюб аст, набояд барои тақдим кардани нони Худои худ наздик ояд.

22 Нони Худои худро вай аз он чи қудси қудсҳост, ва аз он чи ҳадияҳои муқаддас аст, метавонад бихӯрад.

23 Аммо бигзор вай назди парда наояд, ва ба қурбонгоҳ наздик нашавад, зеро ки вай маъюб аст, ва қудсҳои Маро палид насозад, зеро Ман Худованд ҳастам, ки онҳоро тақдис менамоям».

24 Ва Мусо ба Ҳорун ва писаронаш, ва ба тамоми банӣ‐Исроил сухан ронд.

22

БОБИ БИСТУ ДУЮМ

Коҳинон насли баргузидагонанд.

1 Ва Худованд ба Мусо сухан ронда, гуфт:

2 «Ба Ҳорун ва писаронаш бигӯ, ки аз ҳадияҳои муқаддаси банӣ‐Исроил, ки ба Ман мебахшанд, канорагирӣ кунанд, ва исми қуддуси Маро палид нагардонанд. Ман Худованд ҳастам.

3 Ба онҳо бигӯ: дар наслҳои шумо, ҳар касе ки аз тамоми зурьёти шумо ба ҳадияҳои муқаддасе ки банӣ‐Исроил ба Худованд бахшидаанд, наздик шавад, ва нопокияш бар вай бошад, — он кас аз ҳузури Ман маҳв хоҳад шуд. Ман Худованд ҳастам.

4 Ҳар касе ки аз насли Ҳорун махав ё ҷараён дошта бошад, то пок нашавад, набояд аз ҳадияҳои муқаддас бихӯрад. Ва касе ки ба ҳар шахси аз мурда наҷисшуда мерасад, ё ба шахсе ки нутфа аз вай рехтааст,

5 Ё ба шахсе ки ба ҳар ҳашарот расида наҷис гардидааст, ё ба шахсе ки аз ҳар гуна нопокии вай наҷис мешавад, —

6 Он касе ки ба яке аз инҳо мерасад, то шом наҷис хоҳад буд, ва то бадани худро дар об ғусл надиҳад, набояд аз ҳадияҳои муқаддас бихӯрад.

7 Ва ҳангоме ки офтоб ғуруб кунад, ӯ пок хоҳад шуд, ва баъд аз он ӯ метавонад аз ҳадияҳои муқаддас бихӯрад, зеро ки ин нони ӯст.

8 Лоша ва даридашударо набояд ӯ бихӯрад, то ки начис нашавад. Ман Худованд ҳастам.

9 Бигзор онҳо фармудаи Маро риоя намоянд, то ки барои он гуноҳкор шуда ҷазо наёбанд, ва онро поймол карда, аз боиси он намиранд. Ман Худованд ҳастам, ки онҳоро тақдис менамоям.

10 Ҳеҷ каси бегона набояд аз ҳадияи муқаддас бихӯрад; сокини хонаи коҳин ва муздури ӯ набояд аз ҳадияи муқаддас бихӯрад.

11 Ва агар коҳин касеро ба пули худ харида бошад, вай зархариди ӯст, ва метавонад аз он бихӯрад; хоназодони ӯ низ метавонанд нони ӯро бихӯранд.

12 Вале духтари коҳин, агар ба марди бегона ба шавҳар рафта бошад, набояд аз ҳадияҳои муқаддас бихӯрад.

13 Валекин духтари коҳин, агар бева шавад ё талоқ гирад, ва бача надошта бошад, ва ба хонаи падараш баргардад, чунон ки дар айёми бачагияш буд, — вай метавонад аз нони падараш бихӯрад; аммо ҳеҷ каси бегона набояд аз он бихӯрад.

14 Ва агар касе саҳван аз ҳадияи муқаддас бихӯрад, вай бояд панҷьяки онро бар он илова намуда, ҳадияи муқаддасро ба коҳин бидиҳад.

15 Бигзор ҳадияҳои муқаддаси банӣ‐Исроилро, ки ба Худованд тақдим менамоянд, палид насозанд,

16 Ва бо хӯрдани ҳадияҳои муқаддаси онҳо боиси гуноҳ ва ҷазои онҳо нашаванд, зеро Ман Худованд ҳастам, ки онҳоро тақдис менамоям».

Дар бораи беайбии қурбониҳо.

17 Ва Худованд ба Мусо сухан ронда, гуфт:

18 «Ба Ҳорун ва писаронаш ва ба тамоми банӣ‐Исроил сухан ронда, ба онҳо бигӯ: ҳар кас аз хонадони Исроил ва аз ғарибони дохили Исроил, ки қурбонии худро тақдим менамояд, хоҳ он мувофиқи ягон назри онҳо бошад, хоҳ ҳамчун инъоме ки ба Худованд барои қурбонии сӯхтанӣ тақдим менамоянд, —

19 Барои он ки шумо сазовори таваҷҷӯҳ гардед, бигзор он наринаи беайбе аз говон ё аз гӯсфандон ва ё аз бузон бошад.

20 Ҳар чиро, ки айбе дошта бошад, тақдим нанамоед, зеро ки он барои шумо ҳусни таваҷҷӯҳ нахоҳад овард.

21 Ва агар касе забҳи саломатӣ барои Худованд тақдим намояд, хоҳ барои иҷрои назр бошад, хоҳ ҳамчун инъоме аз говон ё аз бузу гӯсфандон, — он бояд беайб бошад, то ки сазовори таваҷҷӯҳ гардад; ҳеҷ айбе набояд дар он бошад.

22 Кӯр ё шикастаандом, ё яғир, ё обиладор, ё пес, ё кал, — инҳоро барои Худованд тақдим нанамоед, ва аз инҳо қурбонии оташин барои Худованд бар қурбонгоҳ наоваред.

23 Ва гов ва гӯсфанде ки ягон андомаш аз ҳад зиёд дароз ё кӯтоҳ бошад, — онро ҳамчун инъом тақдим намо, вале ҳамчун назр мақбул нахоҳад афтод.

24 Ва чорпоеро, ки байзаҳояш маҷак, ё кӯфта, ё канда, ё бурида шудааст, барои Худованд тақдим нанамоед, ва дар заминатон ин корро накунед;

25 Ва аз дасти аҷнабиён нони Худои худро аз ҳеҷ кадоми инҳо тақдим нанамоед, зеро ки онҳо нуқсон доранд, яъне маъюбанд; ба воситаи онҳо сазовори таваҷҷӯҳ нахоҳед шуд».

26 Ва Худованд ба Мусо сухан ронда, гуфт:

27 «Вақте ки гӯсола, ё барра, ё бузғола зоида мешавад, ҳафт рӯз бояд назди модараш бимонад, ва аз рӯзи ҳаштум ва минбаъд он ҳамчун қурбонии оташин барои Худованд мақбул хоҳад афтод.

28 Вале гов ё гӯсфандро бо бачаи он дар як рӯз забҳ накунед.

29 Ва ҳангоме ки забҳи шукрона барои Худованд тақдим менамоед, онро тавре тақдим намоед, ки сазовори таваҷҷӯҳ гардед:

30 Дар ҳамои рӯз он бояд хӯрда шавад; то субҳ аз он боқӣ нагузоред. Ман Худованд ҳастам.

31 Ва аҳкоми Маро риоя намоед ва онҳоро ба амал оваред. Ман Худованд ҳастам.

32 Ва исми қуддуси Маро беҳурмат накунед, то ки Ман дар миёни банӣ‐Исроил тақдис ёбам. Ман Худованд ҳастам, ки шуморо тақдис менамоям,

33 Ва шуморо аз замини Миср берун овардаам, то ки Худои шумо бошам. Ман Худованд ҳастам».

23

БОБИ БИСТУ СЕЮМ

Идҳои Худованд: Шанбе.

1 Ва Худованд ба Мусо сухан ронда, гуфт:

2 «Ба банӣ‐Исроил сухан ронда, ба онҳо бигӯ: идҳои Худованд, ки онҳоро шумо бояд ҷамъомадҳои муқаддас бихонед, — инҳоянд идҳои Ман:

3 Шаш рӯз кор бояд кард, ва дар рӯзи ҳафтум шанбеи оромӣ, ҷамъомади муқаддас мебошад; ҳеҷ кор накунед; он дар ҳамаи масканҳои шумо шанбе барои Худованд аст.

Фисҳ.

4 Инҳо идҳои Худованд, ҷамъомадҳои муқаддас мебошанд, ки онҳоро шумо бояд дар вақташ даъват намоед:

5 Дар моҳи якум, дар рӯзи чордаҳуми моҳ, шомгоҳ, фисҳи Худованд аст.

Иди фатир.

6 Ва дар рӯзи понздаҳуми ин моҳ фатир барои Худованд аст; хафт рӯз фатир бихӯред.

7 Дар рӯзи якум бигзор ҷамъомади муқаддас барои шумо бошад; ҳеҷ кор накунед.

8 Ва ҳафт рӯз қурбониҳои оташин барои Худованд тақдим намоед; дар рӯзи ҳафтум ҷамъомади муқаддас аст; ҳеҷ кор накунед».

Иди навбарҳо.

9 Ва Худованд ба Мусо сухан ронда, гуфт:

10 «Ба банӣ‐Исроил сухан ронда, ба онҳо бигӯ: чун ба замине ки Ман ба шумо медиҳам, биёед, ва ҳосили онро дарав намоед, — банди аввали навбарҳои даравидаи худро назди коҳин биёред.

11 Ва ӯ он бандро ба ҳузури Худованд меҷунбонад, то ки шумо сазовори таваҷҷӯҳ гардед; дар рӯзи дуюми ид коҳин онро меҷунбонад.

12 Ва дар рӯзе ки шумо он бандро меҷунбонед, барраи яксолаи беайбе барои қурбонии сӯхтанӣ ба Худованд тақдим намоед.

13 Ва ҳадияи ордии он ду ушр орди маҳини омехта бо равған хоҳад буд, то ки қурбонии оташин ва атри гуворо барои Худованд бошад; ва ҳадияи рехтании он чорьяк ҳин шароб хоҳад буд.

14 Ва нон, ва хӯшабирьён, ва хӯшаи тару тоза нахӯред то ҳамои рӯзе ки қурбонии Худои худро тақдим намоед; ин фаризаи абадист барои наслҳои шумо дар ҳамаи масканҳои шумо.

Иди ҷунбонидани қурбонӣ.

15 Ва аз рӯзи дуюми ид, яъне аз рӯзе ки банди ҷунбониданиро меоваред, барои худ ҳафт ҳафта бишуморед, ки онҳо пурра бошанд;

16 То рӯзи аввали баъд аз ҳафтаи ҳафтум панҷоҳ рӯз бишуморед, ва он гоҳ ҳадияи ордии наве барои Худованд тақдим намоед.

17 Аз масканҳои худ ду нони чунбониданӣ тақдим намоед, ки аз ду ушр орди маҳин иборат бошад, ва бо хамиртуруш пухта шавад, — ин навбарҳо барои Худованд аст.

18 Ва бо ин нон ҳафт барраи беайби яксола, ва як гӯсолаи нар, ва ду қӯчқор тақдим намоед; инҳо қурбонии сӯхтанӣ барои Худованд хоҳад буд, ва ҳадияҳои ордӣ ва рехтании онҳо — қурбонии оташин ва атри гуворо барои Худованд.

19 Ва як нарбузро барои қурбонии гуноҳ, ва ду барраи яксоларо барои забҳи саломатӣ тақдим намоед.

20 Ва коҳин онҳоро бо нони ҷунбонидании навбарҳо ба ҳузури Худованд бо якҷоягии он ду барра бояд биҷунбонад, — онҳо барои Худованд муқаддас буда, ба коҳин тааллуқ хоҳанд дошт.

21 Ва дар ҳамон рӯз эълон намоед, ки он барои шумо ҷамъомади муқаддас бошад; ҳеҷ кор накунед; ин фаризаи абадист дар ҳамаи масканҳои шумо барои наслҳои шумо.

22 Ва ҳангоме ки ҳосили замини худро дарав мекунед, канораи киштзори худро дар вақти дарав то ба охир дарав накунед, ва хӯшаҳои дар вақти дарав афтодаро начинед: онҳоро барои бенавоён ва ғарибон боқӣ бигузоред. Ман Худованд Худои шумо ҳастам».

Иди ёдгории навохтани карнайҳо.

23 Ва Худованд ба Мусо сухан ронда, гуфт:

24 «Ба банӣ‐Исроил сухан ронда, бигӯ: дар моҳи ҳафтум, дар рӯзи якуми моҳ, бигзор барои шумо оромӣ бошад, яъне иди ёдгории навохтани карнайҳо ва ҷамъомади муқаддас.

25 Ҳеҷ кор накунед, ва қурбонии оташин барои Худованд тақдим намоед».

Рӯзи кафорат.

26 Ва Худованд ба Мусо сухан ронда, гуфт:

27 «Аммо рӯзи даҳуми ин моҳи ҳафтум рӯзи кафорат аст; бигзор барои шумо ҷамъомади муқаддас бошад; ҷонҳои худро азият диҳед, ва қурбонии оташин барои Худованд тақдим намоед.

28 Ва дар ин рӯз ҳеҷ кор накунед, зеро ки ин рӯзи кафорат аст, то ки шуморо ба ҳузури Худованд Худои шумо кафорат намояд.

29 Зеро ҳар касе ки дар ин рӯз ҷони худро азият намедиҳад, аз миёни қавми худ маҳв хоҳад шуд.

30 Ва ҳар касе ки дар ин рӯз ягон кор мекунад, Ман ҷони варо аз миёни қавми вай нест хоҳам кард.

31 Ҳеҷ кор накунед; ин фаризаи абадист барои наслҳои шумо дар ҳамаи масканҳои шумо.

32 Ин барои шумо мисли шанбеи оромист, ва шумо ҷонҳои худро азият диҳед; дар шомгоҳи рӯзи нӯҳуми моҳ, аз шом то шом, ин шанбеи худро риоя намоед».

Иди хаймаҳо.

33 Ва Худованд ба Мусо сухан ронда, гуфт:

34 «Ба банӣ‐Исроил сухан ронда, бигӯ: дар рӯзи понздаҳуми ин моҳи ҳафтум — иди хаймаҳо ҳафт рӯз барои Худованд аст.

35 Дар рӯзи аввал ҷамъомади муқаддас аст: ҳеҷ кор накунед.

36 Ҳафт рӯз қурбонии оташин барои Худованд тақдим намоед; дар рӯзи ҳаштум бигзор ҷамъомади муқаддас барои шумо бошад, ва шумо қурбонии оташин барои Худованд тақдим намоед; ин маҷлиси қавм аст, ҳеҷ кор накунед.

37 Инҳо идҳои Худованд аст, ки дар онҳо шумо бояд ҷамъомадҳои муқаддасро даъват намоед, то ки қурбониҳои оташин барои Худованд тақдим кунед, яъне қурбонии сӯхтанӣ, ҳадияи ордӣ, забҳҳо ва ҳадияҳои рехтанӣ, — ҳар якеро дар ҳар рӯзе ки барои он муқаррар карда шудааст,

38 Ба замми қурбониҳои шанбеҳои Худованд, ва ба замми ушрҳои шумо, ва ба замми ҳамаи назрҳои шумо, ва ба замми ҳамаи инъомҳои шумо, ки барои Худованд тақдим менамоед.

39 Аммо дар рӯзи понздаҳуми моҳи ҳафтум, вақте ки шумо ҳосили замини худро мебардоред, иди Худовандро ҳафт рӯз ид кунед; дар рӯзи аввал оромӣ хоҳад буд, ва дар рӯзи ҳаштум — оромӣ.

40 Ва дар рӯзи аввал мевае аз дарахти зебо, навдаҳои дарахти хурмо, ва шохаҳои дарахти пурбарг ва бедҳои наҳрро барои худ бигиред, ва ба ҳузури Худованд Худои худ ҳафт рӯз хурсандӣ кунед.

41 Ва ин идро ҳар сол ҳафт рӯз барои Худованд ид кунед; ин фаризаи абадист барои наслҳои шумо; дар моҳи ҳафтум онро ид кунед.

42 Ҳафт рӯз дар хаймаҳо сокин бошед; ҳар як тубҷоӣ дар Исроил бояд дар хаймаҳо сокин бошад,

43 То наслҳои шумо бидонанд, ки Ман банӣ‐Исроилро дар хаймаҳо сокин гардонида будам, вақте ки онҳоро аз замини Миср берун овардам. Ман Худованд Худои шумо ҳастам».

44 Ва Мусо идҳои Худовандро ба банӣ‐Исроил эълон намуд.

24

БОБИ БИСТУ ЧОРУМ

Фароиз дар бораи чароғҳо ва дар бораи нонҳои тақдим.

1 Ва Худованд ба Мусо сухан ронда, гуфт:

2 «Ба банӣ‐Исроил амр фармо, ки ба ту равғани зайтуни зулоли кӯфташуда барои рӯшноӣ биёранд, то ки чароғ ба таври доимӣ даргиронида шавад.

3 Ҳорун бояд онро берун аз пардаи шаҳодат дар хаймаи ҷомеъ, аз шом то субҳ, ба ҳузури Худованд ба таври доимӣ бимонад; ин фаризаи абадист барои наслҳои шумо.

4 Бигзор чароғҳоро бар чароғдони пок ба таври доимӣ ба ҳузури Худованд бимонад.

5 Ва орди маҳин бигир, ва аз он дувоздаҳ нон бипаз; барои ҳар нон бояд ду ушри эфа сарф шавад.

6 Ва онҳоро ду қатор, — шаш адад дар ҳар қатор, — бар мизи пок ба ҳузури Худованд бимон.

7 Ва бар ҳар қатор лебӯнои соф бимон, ва ин ёдгорӣ барои нон ва қурбонии оташин барои Худованд хоҳад буд.

8 Дар ҳар рӯзи шанбе он бояд ба таври доимӣ ба ҳузури Худованд аз ҷониби банӣ‐Исроил гузошта шавад: ин аҳди абадист.

9 Ва он аз они Ҳорун ва писаронаш хоҳад буд, ва онҳо бояд онро дар макони муқаддас бихӯранд, зеро ки ин аз қурбониҳои оташини Худованд барояшон қудси қудсҳост; ин фаризаи абадист».

Дастур дар бораи ҷазоҳо.

10 Ва писари зани исроилӣ, ки падараш марди мисрӣ буд, ба миёни банӣ‐Исроил берун омад, ва писари зани исроилӣ ва марди исроилӣ дар ӯрдугоҳ дастбагиребон шуданд.

11 Ва писари зани исроилӣ Исмро ба забон ронда, лаънат кард, ва ӯро назди Мусо оварданд; ва номи модараш Шелӯмит бинти Дибрӣ, аз сибти Дон буд.

12 Ва ӯро ба ҳабс гирифтанд, то даме ки ҷазояш бар тибқи амри Худованд ба онҳо эълон карда шавад.

13 Ва Худованд ба Мусо сухан ронда, гуфт:

14 «Он лаънаткунандаро аз ӯрдугоҳ барор, ва бигзор ҳамаи онҳое ки шунидаанд, дастҳои худро бар сари ӯ монанд, ва тамоми ҷамоат ӯро сангсор кунанд.

15 Ва ба банӣ‐Исроил сухан ронда, бигӯ: ҳар касе ки Худои худро лаънат кунад, барои ин гуноҳаш ҷазо хоҳад ёфт.

16 Ва ҳар кӣ исми Худовандро лаънат кунад, бояд кушта шавад: тамоми ҷамоат сангсор кунанд; хоҳ ғариб бошад хоҳ тубҷоӣ, агар Исмро лаънат кунад, бигзор кушта шавад.

17 Ва агар касе ягон одамро бикушад, вай бояд кушта шавад.

18 Ва агар касе чорпоеро бикушад, бояд талофии онро бидиҳад: чорпое дар ивази чорпое.

19 Ва агар касе ёри худро маиб кунад, ба вай ончунон амал бояд кард, чунон ки вай амал кардааст:

20 Шикаст дар ивази шикаст, чашм дар ивази чашм, дандон дар ивази дандон: ҳар гуна осебе ки ӯ ба касе расонида бошад, он гуна осеб бояд ба ӯ расонида шавад.

21 Ҳар кӣ чорпоеро кушта бошад, бояд талофии онро бидиҳад; ва ҳар кӣ одамро кушта бошад, бояд кушта шавад.

22 Барои шумо, хоҳ ғариб бошед, хоҳ тубҷоӣ, як ҳукм хоҳад буд, зеро ки Ман Худованд Худои шумо ҳастам».

23 Ва Мусо ба банӣ‐Исроил сухан ронд, ва онҳо лаънаткунандаро ба беруни ӯрдугоҳ бароварданд, ва ӯро сангсор карданд; ва банӣ‐Исроил ончунон ки Худованд ба Мусо амр фармуда буд, амал карданд.

25

БОБИ БИСТУ ПАНҶУМ

Қонунҳо дар бораи замин; соли оромии замин.

1 Ва Худованд ба Мусо дар кӯҳи Сино сухан ронда, гуфт:

2 «Ба банӣ‐Исроил сухан ронда, ба онҳо бигӯ: ҳангоме ки шумо ба замине ки Ман ба шумо медиҳам, дохил шавед, он гоҳ замин бояд дар шанбеи Худованд ором гирад.

3 Шаш сол киштзори худро кишт намо, ва шаш сол токзори худро каллак бизан, ва ҳосили онро ғунучин бикун;

4 Ва дар соли ҳафтум бигзор шанбеи оромӣ барои замин, яъне шанбеи Худованд бошад: киштзори худро кишт накун, ва токзори худро каллак назан;

5 Он чиро, ки дар киштзори ту худ аз худ рӯида бошад, дарав накун, ва ангурҳои токеро, ки каллак назадаӣ, ғунучин нанамо; бигзор ин соли оромӣ барои замин бошад.

6 Ва бигзор шанбеи замин хӯрок барои шумо бошад, — барои ту ва ғуломат, ва канизат, ва муздурат, ва сокинат, ки бо ту истиқомат доранд;

7 Ва барои чорпоёнат, ва барои ҳайвоноте ки дар замини ту ҳастанд, бигзор тамоми ҳосили он хӯрок бошад.

Соли юбил.

8 Ва барои худ ҳафт шанбеи солҳоро, яъне ҳафт солро ҳафт маротиба бишумор, ва айёми ин ҳафт шанбеи солҳо барои ту чилу нӯҳ сол хоҳад шуд.

9 Ва дар моҳи ҳафтум, дар рӯзи даҳуми моҳ, шохи баландовозро бинавоз; дар рӯзи кафорат шохро дар тамоми замини худ бинавозед.

10 Ва соли панҷоҳумро тақдис кунед, ва дар замин барои ҳамаи сокинонаш озодӣ эълон намоед; бигзор ин барои шумо юбил бошад; ва ҳар яке ба мулки худ баргардед, ва ҳар яке ба оилаи худ баргардед.

11 Бигзор ин соли панҷоҳум барои шумо юбил бошад: кишт накунед, ва он чиро, ки худ аз худ рӯида бошад, дарав накунед, ва ангурҳои токеро, ки каллак зада нашудааст, ғунучин нанамоед.

12 Зеро ки ин юбил аст; бигзор он барои шумо муқаддас бошад; аз киштзор ҳосили онро бихӯред.

13 Дар ин соли юбил ҳар яке ба мулки худ баргардед.

14 Ва агар чизе ба ёри худ бифрӯшед, ё чизе аз дасти ёри худ бихаред, якдигарро фиреб накунед.

15 Мувофиқи солҳои баъд аз юбил аз ёри худ бихар, ва мувофиқи солҳои ҳосилот вай бояд ба ту бифрӯшад.

16 Мувофиқи бисьёрии он солҳо баҳои онро зиёд кун, ва мувофиқи камии он солҳо баҳои онро кам намо, зеро ки шумораи ҳосилотро вай ба ту мефурӯшад.

17 Ва якдигарро фиреб накунед; ва аз Худои худ тарсон бош; зеро ки Ман Худованд Худои шумо ҳастам.

18 Пас, фароизи Маро ба ҷо оваред, ва аҳкоми Маро риоя намоед, ва онҳоро ба амал оваред, ва бар замин ба амният сокин хоҳед буд.

19 Ва замин ҳосили худро хоҳад дод, ва то серӣ хоҳед хӯрд, ва бар он ба амният сокин хоҳед буд.

20 Ва агар гӯед: „Дар соли ҳафтум чӣ мехӯрем, дар сурате ки кишт намекунем ва ҳосилоти худро намебардорем?“, —

21 Ман баракати Худро дар соли шашум бар шумо равона хоҳам кард, ва он барои се сол ҳосил хоҳад дод.

22 Ва дар соли ҳаштум кишт хоҳед кард, вале аз ҳосилоти кӯҳна хоҳед хӯрд; то соли нӯҳум, то пухта расидани ҳосили он, ҳосилоти кӯҳнаро хоҳед хӯрд.

23 Вале замин набояд ба сурати абадӣ фурӯхта шавад, зеро ки замин аз они Ман аст; ва шумо назди Ман ғариб ва сокин ҳастед.

24 Ва дар тамоми замини мулки худ имконият диҳед, ки замин фидия дода гирифта шавад.

Фидия дода гирифтани мулки меросӣ.

25 Агар бародари ту бенаво шуда, як қисми мулкашро бифрӯшад, фидиядеҳи ӯ, ки хеши наздики ӯст, меояд, ва он чиро, ки бародараш фурӯхтааст, фидия дода мегирад.

26 Ва агар касе фидиядеҳ надошта бошад, вале худаш доро гардида, барои фидия дода гирифтанаш маблағи зарурӣ дар дасташ пайдо шавад, —

27 Бигзор ӯ солҳои фурӯхти худро ҳисоб кунад, ва бақияи маблағро ба он кас, ки фурӯхта буд, баргардонад, ва ба мулки худ баргардад.

28 Ва агар маблағи зарурӣ, ки бояд ба он кас баргардонад, дар дасташ пайдо нашавад, дар он сурат он чи ӯ фурӯхтааст, дар дасти харидори он то соли юбил мемонад, ва дар юбил он раҳо мешавад, ва ӯ ба мулки худ бармегардад.

29 Ва агар касе хонаи истиқоматро дар шаҳри ҳисордор бифрӯшад, то гузаштани як сол баъд аз фурӯхтани он ӯ ҳақ дорад, ки фидия дода онро бигирад, яъне хуқуқи фидия дода гирифтани он як сол давом мекунад.

30 Валекин агар дар муддати як соли тамом онро фидия дода нагирад, он хонае ки дар шаҳри ҳисордор воқеъ аст, дар дасти харидори он ба таври доимӣ дар наслҳои вай мемонад, яъне дар юбил раҳо намешавад.

31 Вале хонаҳои деҳоте ки гирдогирд ҳисор надорад, бояд мисли киштзори он замин ҳисоб ёбад: онҳоро фидия дода гирифтан мумкин аст, ва дар юбил онҳо раҳо мешавад.

32 Ва шаҳрҳои левизодагон, яъне хонаҳое ки онҳо дар шаҳрҳои мулки худ доранд, — левизодагон ҳамеша ҳақ доранд, ки фидия дода онҳоро бигиранд.

33 Ва ҳатто агар касе аз левизодагон фидия дода гирифта бошад, он хонае ки дар шаҳри мулки ӯ фурӯхта шудааст, дар юбил раҳо мешавад, зеро ки хонаҳои шаҳрҳои левизодагон мулки онҳо дар миёни банӣ‐Исроил мебошад.

34 Ва чарогоҳҳои назди шаҳрҳои онҳо набояд фурӯхта шавад, зеро ки ин мулки абадист барои онҳо.

Дар бораи бародарони бенаво.

35 Ва агар бародарат бенаво шуда, назди ту тиҳидаст гардад, ӯро, хоҳ ғариб бошад хоҳ сокин, дастгирӣ намо, то ки бо ту зиндагӣ кунад.

36 Аз ӯ суд ва рибо нагир, на аз Худои худ тарсон бош, то ки бародарат бо ту зиндагӣ кунад.

37 Нуқраи худро ба ӯ ба суд надеҳ, ва хӯроки худро ба рибо надеҳ.

38 Ман Худованд Худои шумо ҳастам, ки шуморо аз замини Миср берун овардаам, то ки замини Канъонро ба шумо диҳам, ва Худои шумо бошам.

39 Ва агар бародарат бенаво гардида, ба ту фурӯхта шавад, ӯро мисли ғуломе кор нафармо.

40 Мисли муздуре, мисли сокине ӯ бояд назди ту бошад; бигзор то соли юбил ӯ назди ту кор кунад.

41 Ва он гоҳ ӯ аз ту раҳо мешавад, худаш ва фарзандонаш ҳамроҳи ӯ, ва ба қабилаи худ бармегардад, ва ба мулки падарони худ аз нав дохил мешавад.

42 Зеро ки онҳо бандагони Мананд, ки онҳоро аз замини Миср берун овардаам: онҳо набояд тавре фурӯхта шаванд, ки ғуломонро мефурӯшанд.

43 Ба ӯ бераҳмона хукмронӣ накун, ва аз Худои худ тарсон бош.

44 Вале барои он ки ғуломат ва канизат аз они ту бошанд, аз халқҳое ки дар атрофи шумо ҳастанд, — аз онҳо ғулом ва каниз бихаред.

45 Ва низ аз фарзандони сокиноне ки назди шумо маскан гирифтаанд, — аз онҳо метавонед бихаред, ва аз қабилаи онҳо, ки назди шумо мебошанд, яъне онҳо дар замини шумо зоидаанд; ва инҳо метавонанд моликияти шумо бошанд.

46 Ва онҳоро метавонед баъд аз худ ба писаронатон ҳамчун моликияти меросӣ бисупоред: онҳоро дар тамоми умрашон метавонед ғулом гардонед. Вале бар бародарони худ, банӣ‐Исроил, — бигзор касе бар бародаронаш бераҳмона ҳукмронӣ накунад.

Фидия барои бародароне ки бенаво шудаанд.

47 Ва агар ғарибе ё сокине ки назди туст, дороӣ пайдо кунад, вале бародарат назди вай бенаво шуда, ба он ғариб ё сокине ки назди туст, ё ба касе ки аз қабилаи он ғариб аст, худро бифрӯшад, —

48 Баъд аз фурӯхта шуданаш бигзор ӯ фидия дода гирифта шавад: яке аз бародаронаш бояд фидия дода ӯро бигирад;

49 Ё амакаш ё писари амакаш бояд фидия дода ӯро бигирад; ё касе аз ҳамҷисмони ӯ, яъне аз қабилаи ӯ бояд фидия дода ӯро бигирад; ё ки, агар худаш дороӣ пайдо карда бошад, бигзор фидия дода худро раҳо кунад.

50 Ва бигзор ӯ бо касе ки ӯро харидааст, аз соле ки худро ба вай фурӯхта буд, то соли юбил ҳисобӣ кунад, ва нуқрае ки дар ивазаш ӯ худро фурӯхта буд, бояд мувофиқи солҳо тақсим карда дода шавад, ва мӯҳлате ки ӯ назди вай буд, мисли мӯҳлати муздур ҳисоб ёбад.

51 Агар солҳои бисьёр боқӣ монда бошад, ӯ бояд мувофиқи онҳо аз нуқрае ки ба ивазаш харида шуда буд, барои фидияи худ баргардонад.

52 Ва агар то соли юбил солҳои кам боқӣ монда бошад, бигзор ӯ онро бо вай ҳисоб карда, мувофиқи он солҳо фидияи раҳоии худро бидиҳад.

53 Мисли муздуре ки сол ба сол киро карда мешавад, назди вай бошад; бигзор вай дар пеши назари ту бар ӯ бераҳмона ҳукмронӣ накунад.

54 Ва агар ӯ бо ин роҳҳо фидия дода гирифта нашавад, — дар соли юбил ӯ раҳо мешавад, ҳам худи ӯ ва ҳам фарзандонаш бо ӯ;

55 Зеро ки банӣ‐Исроил бандагони Мананд; онҳо бандагони Мананд, ки онҳоро аз замини Миср берун овардаам. Ман Худованд Худои шумо ҳастам.

26

БОБИ БИСТУ ШАШУМ

Ваъдаи баракат ва огоҳӣ.

1 Бутҳо барои худ насозед, ва ҳайкал ва сутуне барои худ барпо накунед, ва санги суратдоре дар замини худ нагузоред, то ки пеши он саҷда баред; зеро ки Ман Худованд Худои шумо ҳастам.

2 Шанбеҳои Маро риоя намоед, ва қудси Маро эҳтиром кунед. Ман Худованд ҳастам.

3 Агар бар тибқи фароизи Ман рафтор кунед, ва аҳкоми Маро риоя намоед, ва онҳоро ба ҷо оваред, —

4 Ман боронҳои шуморо саридарвақт хоҳам дод, ва замин ҳосили худро хоҳад овард, ва дарахтони саҳро меваи худро хоҳанд дод.

5 Ва хирманкӯбии шумо то вақти ангурканӣ давом хоҳад кард, ва ангурканӣ то вақти кишт давом хоҳад кард, ва нони худро ба серӣ хоҳед хӯрд, ва дар замини худ ба амният сукунат хоҳед намуд.

6 Ва ба замин сулҳу осоиштагӣ хоҳам дод, ва ҳангоме ки мехобед, касе шуморо ташвиш нахоҳад дод; ва ҳайвоноти бадро аз заминатон маҳв хоҳам сохт, ва шамшер аз заминатон гузар нахоҳад кард.

7 Ва душманони худро таъқиб хоҳед намуд, ва онҳо пеши шумо аз шамшер фурӯ хоҳанд ғалтид.

8 Ва панҷ нафар аз шумо сад нафарро таъқиб хоҳанд кард, ва сад нафар аз шумо як беварро бадар хоҳанд ронд, ва душманонатон пеши шумо аз шамшер фурӯ хоҳанд ғалтид.

9 Ва Ман ба шумо назари нек хоҳам кард, ва шуморо борвар хоҳам гардонид, ва шуморо афзун хоҳам сохт, ва аҳди Худро бо шумо мустаҳкам хоҳам намуд.

10 Ва ҳосилоти кӯҳнаи поринаро хоҳед хӯрд, ва кӯҳнаро барои нав берун хоҳед овард.

11 Ва маскани Худро дар миёни шумо барқарор хоҳам кард, ва ҷони Ман аз шумо нафрат нахоҳад дошт.

12 Ва дар миёни шумо қадамгузор хоҳам шуд, ва Худои шумо хоҳам буд, ва шумо қавми Ман хоҳед буд.

13 Ман Худованд Худои шумо ҳастам, ки шуморо аз замини Миср берун овардам, то ки барои онҳо ғулом набошед; ва бандҳои юғи шуморо шикастам, ва шуморо бо сарбаландӣ пеш бурдам.

14 Валекин агар ба Ман гӯш надиҳед, ва тамоми ин аҳкомро ба ҷо наоваред,

15 Ва агар аз фароизи Ман нафрат намоед, ва агар ҷонатон аз дастурҳои Ман кароҳат дошта бошад, ба тавре ки тамоми аҳкоми Маро ба ҷо наоварда, аҳди Маро поймол кунед, —

16 Он гоҳ Ман ҳам нисбат ба шумо чунин амал хоҳам кард; ва бар шумо чизҳои даҳшатангез, яъне сил ва табларзаро хоҳам фиристод, ки онҳо чашмонро хира мекунад ва ҷонро мекоҳонад; ва тухмии худро барабас кишт хоҳед кард, ва онро душманонатон хоҳанд хӯрд.

17 Ва хашми Худро бар шумо хоҳам нигаронид, ва аз душманони худ шикаст хоҳед хӯрд, ва бадхоҳонатон бар шумо ҳукмрон хоҳанд шуд, ва рӯ ба гурез хоҳед овард, бе он ки касе шуморо таъқиб намояд.

18 Ва агар бо ин ҳама ба Ман гӯш надиҳед, Ман ҷазои шуморо барои гуноҳҳотон ҳафтчандон зиёд хоҳам кард;

19 Ва кибри қудрати шуморо дарҳам хоҳам шикаст, ва осмонатонро монанди оҳан ва заминатонро монанди мис хоҳам гардонид.

20 Ва қуввати шумо барабас сарф хоҳад шуд, ва заминатон ҳосили худро нахоҳад дод, ва дарахтони замин меваи худро нахоҳанд овард.

21 Ва агар бар хилофи Ман рафтор намоед ва аз гӯш додан ба Ман гардан тобед, Ман зарбаро барои ҳар гуноҳатон ҳафтчандон афзун хоҳам кард.

22 Ва ҳайвоноти саҳроро бар шумо хоҳам фиристод, то ки фарзандони шуморо нобуд кунанд, ва чорпоёни шуморо талаф намоянд, ва шуморо камшумор гардонанд, ва дар роҳҳои шумо роҳгузаре боқӣ намонад.

23 Ва агар бо вуҷуди ин ҳам тавба накунед, ва бар хилофи Ман рафтор намоед, —

24 Он гоҳ Ман низ бар хилофи шумо рафтор хоҳам кард, ва Ман низ шуморо барои гуноҳҳотон ҳафтчандон зарба хоҳам зад.

25 Ва бар шумо шамшери қасосгире хоҳам овард, ки қасоси аҳдро бигирад; ва ҳангоме ки дар шаҳрҳои худ ҷамъ шавед, вабое дар миёни шумо хоҳам фиристод, ва шумо ба дасти душман таслим хоҳед шуд.

26 Вақте ки асои нони шуморо бишканам, даҳ зан нони шуморо дар як танӯр хоҳанд пухт, ва нони шуморо ба тарозу баркашида хоҳанд дод, ва шумо онро хӯрда, сер нахоҳед шуд.

27 Ва агар баъд аз ин ҳам ба Ман гӯш надиҳед, ва бар хилофи Ман рафтор намоед, —

28 Он гоҳ Ман бо ғазаб бар хилофи шумо рафтор хоҳам кард, ва Ман низ шуморо барои гуноҳҳотон ҳафтчандон ҷазо хоҳам дод.

29 Ва гӯшти писарони худро хоҳед хӯрд, ва гӯшти духтарони худро хоҳед хӯрд.

30 Ва баландиҳои шуморо хароб хоҳам кард, ва санамҳои Ҳамони шуморо маҳв хоҳам намуд, ва лошаҳои шуморо бар шикастапораҳои бутҳои шумо вожгун хоҳам сохт, ва ҷони Ман аз шумо кароҳат хоҳад дошт;

31 Ва шаҳрҳои шуморо хароб хоҳам кард, ва қудсҳои шуморо валангор хоҳам намуд, ва атри гуворои қурбониҳои шуморо нахоҳам бӯид.

Пешгӯӣ дар бораи парокандагӣ.

32 Ва Ман ин заминро валангор хоҳам намуд, ба тавре ки душманони шумо, ки бар он маскан гирифта бошанд, аз аҳволи он мутааҷҷиб хоҳанд шуд.

33 Ва шуморо дар миёни халқҳо пароканда хоҳам намуд, ва аз паи шумо шамшер хоҳам кашид; ва замини шумо валангор, ва шаҳрҳои шумо хароб хоҳад шуд.

34 Он гоҳ замин дар тамоми айёми харобияш, вақте ки шумо дар замини душманони худ бошед, аз шанбеҳои худ қаноат ҳосил хоҳад кард; он гоҳ замин оромӣ хоҳад ёфт, ва аз шанбеҳои худ қаноат ҳосил хоҳад кард, —

35 Дар тамоми рӯзҳои харобии худ оромӣ хоҳад ёфт, он қадар оромӣ, ки дар шанбеҳои шумо, вақте ки дар он сокин будед, наёфта буд.

36 Ва дар дилҳои бақияи шумо, дар кишварҳои душманонатон, беҷуръатӣ хоҳам андохт, ва шувваси барги ҷавлонкунанда онҳоро хоҳад гурезонид, ва онҳо мисли касе ки аз шамшер мегурезад, рӯ ба гурез хоҳанд овард, ва фурӯ хоҳанд ғалтид, дар сурате ки таъқибкунандае набошад.

37 Ва мисли он ки аз дами шамшер бошад, ба якдигар дакка хоҳанд хӯрд, ва ҳол он ки таъқибкунандае нест; ва шумо маҷоли он нахоҳед дошт, ки пеши душманони худ истодагӣ намоед.

38 Ва дар миёни халқҳо нест хоҳед шуд, ва замини душманонатон шуморо фурӯ хоҳад бурд.

39 Ва бақияи шумо барои гуноҳи худ дар замини душманони худ фано хоҳанд шуд, ва барои гуноҳҳои падарони худ низ бо онҳо фано хоҳанд шуд.

40 Он гоҳ ба гуноҳи худашон ва ба гуноҳи падаронашон, ки ба Ман хиёнат карданд, ва ҳатто бар хилофи Ман рафтор карданд, иқрор хоҳанд шуд.

41 Аз ин рӯ, Ман низ бар хилофи онҳо рафтор кардаам, ва онҳоро ба замини душманонашон овардаам, то ки, шояд, он гоҳ дили номахтунашон мутеъ шуда, барои гуноҳи худ сазо ёбанд.

42 Ва Ман аҳди Худро, ки бо Яъқуб бастаам, ба ёд хоҳам овард, ва аҳди Худро, ки бо Исҳоқ бастаам, ва аҳди Худро, ки бо Иброҳим бастаам, ба ёд хоҳам овард, ва ин заминро ба ёд хоҳам овард.

43 Ва агарчи замин аз ҷониби онҳо тарк карда хоҳад шуд, ва дар айёми аз онҳо хароб шуданаш аз шанбеҳои худ қаноат ҳосил хоҳад кард, ва онҳо барои гуноҳи худ сазо хоҳанд ёфт, барои он ки аз қонунҳои Ман нафрат карданд, ва ҷонашон аз фароизи Ман кароҳат дошт, —

44 Бо вуҷуди ҳамаи ин, ҳангоме ки онҳо дар замини душманони худ бошанд, Ман аз онҳо нафрат нахоҳам кард ва аз онҳо карохат нахоҳам дошт, то ба дараҷае ки онҳоро маҳв намоям ва аҳди Худро, ки бо онҳо бастаам, поймол кунам; зеро ки Ман Худованд Худои онҳо ҳастам.

45 Ва Ман барои онҳо аҳдеро, ки бо аҷдодашон бастаам, ба ёд хоҳам овард, ки онҳоро дар пеши назари халқҳо аз замини Миср берун овардаам, то ки Худои онҳо бошам. Ман Худованд ҳастам».

46 Ин аст фароиз ва аҳком ва дастурҳое ки Худованд дар миёни Худаш ва банӣ‐Исроил, дар кӯҳи Сино, ба воситаи Мусо қарор додааст.

27

БОБИ БИСТУ ҲАФТУМ

Ба Худо бахшидани қимати одамон ва ашьё.

1 Ва Худованд ба Мусо сухан ронда, гуфт:

2 «Ба банӣ‐Исроил сухан ронда, ба онҳо бигӯ: агар касе назр кунад, ки нуфусе мувофиқи қиматдиҳии ту аз они Худованд бошад,

3 Ва агар қиматдиҳии ту барои марди аз бистсола то шастсола бошад, — қиматдиҳии ту панҷоҳ сиқл нуқра бар тибқи сиқли муқаддас хоҳад буд.

4 Ва агар вай занбошад, — қиматдиҳии ту сӣ сиқл хоҳад буд.

5 Ва агар аз панҷсола то бистсола бошад, — қиматдиҳии ту барои мард бист сиқл, ва барои зан даҳ сиқл хоҳад буд.

6 Ва агар аз якмоҳа то панҷсола бошад, — қиматдиҳии ту барои мард панҷ сиқл нуқра, ва барои зан қиматдиҳии ту се сиқл нуқра хоҳад буд.

7 Ва агар аз шастсола ва болотар бошад, — барои мард қиматдиҳии ту понздаҳ сиқл, ва барои зан даҳ сиқл хоҳад буд.

8 Ва агар вай ба дараҷае бенаво бошад, ки қиматдиҳии туро натавонад адо намояд, — бигзор варо назди коҳин биёранд, ва коҳин қимате барояш муайян кунад; бигзор коҳин ба қадри дороии назркунанда қимати варо муайян намояд.

9 Ва агар он чорпое бошад, ки аз онҳо барои Худованд қурбонӣ мекунанд, ҳар он чи касе аз онҳо ба Худованд тақдим менамояд, муқаддас хоҳад буд.

10 Набояд онро иваз кунад ва хубро ба бад ё бадро ба хуб бадал намояд; ва агар чорпоеро ба чорпое иваз намояд, — ҳам он ва ҳам ивази он муқаддас хоҳад буд.

11 Ва агар он ягон чорпои наҷис бошад, ки аз онҳо барои Худованд қурбонӣ намекунанд, — бигзор он чорпоро пеши коҳин биёрад,

12 Ва коҳин ба он, хоҳ хуб бошад хоҳ бад, қимат медиҳад, ва чӣ тавре ки коҳин қимат диҳад, ҳамон тавр хоҳад шуд.

13 Ва агар онро фидия дода гирифтанӣ шавад, бигзор бар он қимат панҷьяки онро илова намояд.

14 Ва агар касе хонаи худро вақф кунад, то ки он барои Худованд муқаддас бошад, коҳин бояд ба он, хоҳ хуб бошад хоҳ бад, қимат диҳад; чӣ тавре ки коҳин ба он қимат диҳад, ҳамон тавр ба амал хоҳад омад.

15 Ва агар вақфкунанда хонаи худро фидия дода гирифтанӣ шавад, бигзор бар он қимат панҷьяки онро илова намояд, ва он аз они ӯ хоҳад буд.

16 Ва агар касе аз мулки худ қитъае барои Худованд вақф кунад, қимати он бояд мувофиқи зироати он бошад: барои зироати як хӯмер ҷав — панҷоҳ сиқл нуқра.

17 Агар қитъаи худро аз соли юбил вақф кунад, бигзор мувофиқи ҳамин қимат ба амал ояд.

18 Ва агар қитъаи худро баъд аз юбил вақф кунад, дар он сурат коҳин бояд нуқраро бар тибқи солҳое ки то соли юбил боқӣ монда бошад, ҳисоб кунад, ва бигзор ин аз қимати он тарх намуда шавад.

19 Ва агар қитъаро вақфкунандаи он фидия дода гирифтанӣ шавад, бигзор панҷьяки қимати онро бар он илова намояд, ва он дар ихтиёраш хоҳад монд.

20 Ва агар ӯ қитъаро фидия дода нагирад, ё агар қитъа ба каси дигар фурӯхта шавад, — баъд аз ин фидия дода гирифтан мумкин нест.

21 Ва он қитъа, вақте ки дар юбил раҳо шавад, ҳамчун қитъаи вақф барои Худованд муқаддас хоҳад буд; он ба тасарруфи коҳин дароварда хоҳад шуд.

22 Ва агар касе китъаеро, ки харида бошад, яъне қитъаеро, ки аз мулки худаш нест, барои Худованд вақф кунад, —

23 Кохин бояд маблағи қимати онро то соли юбил барои ӯ ҳисоб кунад, ва ӯ бояд он қиматро дар ҳамон рӯз ҳамчун вақфи Худованд бидиҳад.

24 Дар соли юбил он қитъа ба касе хоҳад баргашт, ки аз вай харида шуда буд, яъне тасарруфи он замин ба вай тааллуқ дошт.

25 Ва ҳар қимате ки дода мешавад, бояд бо сиқли муқаддас бошад: бист ҷеро дар як сиқл бояд бошад.

26 Аммо нахустзодае аз чорпоён, ки ба сабаби нахустзодагияш аз они Худованд аст, — набояд касе онро вақф намояд; он, хоҳ гов бошад хоҳ гӯсфанд, аз они Худованд аст.

27 Ва агар он аз чорпоёни наҷис бошад, бояд мувофиқи қимате ки ба он дода шудааст, фидия дода гирифта шавад, ва панҷьяки он қимат бар он илова карда шавад; ва агар фидия дода гирифта нашавад, он бояд мувофиқи қимате ки дода шудааст, фурӯхта шавад.

28 Аммо ҳар вақфе ки касе аз ҳар дороии худ барои Худованд вақф мекунад — хоҳ аз одам ва чорпоён бошад, хоҳ қитъае аз мулки вай, — на фурӯхта мешавад ва на фидия дода гирифта мешавад; ҳар вақф қудси қудсҳост барои Худованд.

29 Ҳар вақфе ки аз миёни одамон вақф карда шуда бошад, фидия дода гирифта намешавад: бояд кушта шавад.

30 Ва ҳар ушри замин, — чи аз зироати замин, чи аз меваи дарахтон, — аз они Худованд аст; ин барои Худованд муқаддас мебошад.

31 Ва агар касе бихоҳад, ки барои ушри худ фидия диҳад, бигзор бар қимати он панҷьяки онро илова намояд.

32 Ва ҳар ушри гов ва гӯсфанд, яъне ҳар он чи аз зери асои чӯпон мегузарад, даҳуми он барои Худованд муқаддас хоҳад буд.

33 Кас набояд диққат кунад, ки оё он хуб аст ё бад, ва набояд онро иваз намояд; ва агар онро иваз намояд, ҳам худи он ва ҳам ивази он муқаддас хоҳад буд; ва барои он фидия додан мумкин нест».

34 Ин аст аҳкоме ки Худованд ба Мусо барои банӣ‐Исроил дар кӯҳи Сино амр фармудааст.