КИТОБИ

НАВҲАҲОИ ИРМИЁ

1

БОБИ ЯКУМ

Андӯҳ дар бораи Ерусалими валангоршуда.

1 Чӣ гуна он шаҳре ки серодам буд,

яккаву танҳо нишастааст,

он шаҳре ки дар миёни халқҳо бузург буд,

мисли бевазане шудааст,

он шаҳре ки бар кишварҳо хукмфармо буд,

хироҷгузор гардидааст!

2 Шабонгоҳ вай зор‐зор мегирьяд,

ва ашкҳои вай бар рухсораҳои вай аст.

Аз байни ҳамаи ошиқонаш барои

вай тасаллидиҳандае нест:

ҳамаи ёронаш ба вай хиёнат кардаанд,

ба вай душман шудаанд.

3 Яҳудо аз боиси мазаллат

ва меҳнати сахт ҷалои ватан шудааст;

вай дар миёни бутпарастон нишаста,

фароғат намеёбад;

ҳамаи таъқибкунандагонаш дар миёни тангиҳо

ба вай даррасидаанд.

4 Роҳҳои Сион мотам гирифтааст,

чунки мардум дар идҳо ба зиёрат намеоянд;

ҳамаи дарвозаҳояш хароб шудааст;

коҳинонаш оҳу воҳ мекунанд,

дӯшизагонаш ғамгинанд,

ва худаш талхком аст.

5 Адуёнаш сарбаланд шудаанд,

душманонаш комронӣ мекунанд,

зеро ки Худованд варо аз боиси

гуноҳҳои бисьёраш ғамгин кардааст;

кӯдаконаш пешопеши аду

ба асирӣ рафтаанд.

6 Ва аз духтари Сион тамоми ҳашамати

вай нест шудааст;

мирони вай, мисли ғизолоне

ки чарогоҳ наёфта бошанд,

бемаҷол гардида,

пешопеши таъқибкунанда равона шудаанд.

7 Ерусалим дар айёми мусибатҳо ва уқубатҳои

худ ҳамаи нозу неъматҳои худро,

ки аз қадимулайём дошт, ба ёд меоварад,

дар сурате ки қавми вай ба дасти душман афтодааст,

ва мададгоре барои вай нест;

адуён ба вай нигариста,

ба ҳоли харобиҳояш механданд.

8 Ерусалим гуноҳи азиме кардааст,

аз ин сабаб кароҳатангез шудааст:

ҳамаи онҳое ки варо мӯҳтарам медоштанд,

ба вай беэътиноӣ мекунанд,

зеро ки урьёнии варо дидаанд;

худаш низ оху воҳ мекунад ва рӯ ба қафо мегардонад.

9 Наҷосати вай бар домани вай буд,

лекин ояндаи худро ба ёд намеовард;

бинобар ин ба таври хайратангез ба залолат афтодааст,

ва тасаллидиҳандае барои вай нест.

«Худовандо! Мазаллати маро бубин,

зеро ки душман мутакаббир шудааст».

10 Аду ба ҳамаи нозу неъматҳои

вай дасти тааддӣ дароз кардааст:

вай дидааст, ки ба қудси вай ғайрияхудиён даромадаанд,

ки дар бораи онҳо Ту амр фармудаӣ,

ки ба ҷамоати Ту дохил нашаванд.

11 Тамоми қавми вай оҳу воҳ карда, нон мечӯянд,

нозу неъматҳои худро дар бадали хӯрок додаанд,

то ки зинда бимонанд.

«Худовандо! Назар андоз ва бубин,

ки ман чӣ гуна залил шудаам».

12 «Бигзор ин ба шумо, эй ҳамаи роҳгузарон, рӯй надиҳад.

Назар андозед ва бубинед, ки оё дарде мисли дарди ман ҳаст,

ки он ба сари ман омадааст,

ва Худованд дар рӯзи шиддати ғазаби Худ маро ғамгин кардааст?

13 Аз афроз Ӯ оташе ба устухонҳоям фиристода,

онҳоро бирьён кардааст;

доме барои пойҳоям ниҳода,

маро ба қафо баргардонидааст;

маро маъюс ва дардманди ҳаррӯза сохтааст.

14 Юғи гуноҳҳоям, ки бо дасти Ӯ

ба ҳам барбаста бофта шудааст,

бар гарданам баромада,

маро бемаҷол кардааст;

Худованд маро ба дастҳое таслим кардааст,

ки наметавонам пеши онҳо истодагӣ намоям.

15 Ҳамаи баҳодурони маро Худованд андаруни ман вожгун кардааст:

ҷамъомадеро бар зидди ман даъват намудааст,

то ки ҷавонони маро несту нобуд кунанд;

духтари бокираи Яҳудоро

Худованд дар чархушт поймол кардааст.

16 Дар ҳаққи инҳо ман гирья мекунам:

аз чашмам, аз чашмам об мерезад,

зеро тасаллидиҳандае ки ҷонамро қувват медода бошад,

аз ман дур шудааст;

писаронам хонавайрон шудаанд,

зеро ки душман зӯр баромадааст».

17 Сион дастҳои худро дароз мекунад,

лекин тасаллидиҳандае барои вай нест:

Худованд дар ҳаққи Яъқуб амр фармудааст,

ки ӯро адуёнаш иҳота кунанд;

Ерусалим дар миёни онҳо кароҳатангез шудааст.

18 «Худованд одил аст,

зеро ки аз амри Ӯ саркашӣ кардаам.

Бишнавед, эй ҳамаи қавмҳо,

ва дарди маро бубинед:

дӯшизагонам ва ҷавононам

ба асирӣ рафтаанд.

19 Дӯстдорони худро даъват намудам, лекин онҳо дар ҳаққи ман хиёнат карданд;

коҳинонам ва пиронам дар шаҳр ҷон доданд,

дар ҳолате ки барои худ хӯрок меҷустанд, то ки зинда бимонанд.

20 Худовандо, назар андоз, зеро ки дар тангӣ ҳастам:

амъоям ҷӯш мезанад,

дилам андарунам чаппа шудааст,

зеро ки бағоят саркашӣ кардаам;

аз берун шамшер нобуд мекард,

чунон ки дар хона мамот ҳукмфармо буд.

21 Мешунаванд, ки ман оҳу воҳ мекунам,

аммо тасаллидиҳандае барои ман нест;

ҳамаи душманонам мусибати маро шунида шод шудаанд,

ки Ту инро дар ҳаққи ман кардаӣ.

Кошки он рӯзи эълонкардаи Худро меовардӣ,

ва онҳо мисли ман мешуданд!

22 Бигзор тамоми шарорати онҳо пеши назари Ту биёяд,

ва ба онҳо ончунон амал кунӣ, чунон ки ба ман барои ҳамаи гуноҳҳоям амал кардаӣ;

зеро ки оҳу фиғонам бисьёр аст, ва дилам пурдард аст».

2

БОБИ ДУЮМ

Набӣ барои валангор шудани Яҳудо навҳа мекунад.

1 Чӣ гуна Худованд дар вақти ғазаби Худ духтари Сионро бо абрҳои тира пӯшонидааст,

шукӯҳи Исроилро

аз осмон ба замин афкандааст

ва пойандози Худро дар рӯзи ғазаби Худ ба ёд наовардааст!

2 Худованд ҳамаи масканҳои Яъқубро талаф намуда,

раҳме накардааст,

қалъаҳои духтари Яҳудоро

дар вақти хашми Худ хароб намуда,

ба замин яксон кардааст,

давлат ва мирони онро поймол гардондааст;

3 Дар шиддати ғазаби Худ тамоми

шохи Исроилро шикастааст,

ямини Худро аз омадани душман баргардонидааст

ва Яъқубро мисли забонаҳои оташе

ки ҳамаи чизҳои давру пешро фурӯ мебарад, сӯзонидааст;

4 Камони Худро мисли душман зеҳ кардааст,

бо ямини Худ мисли аду ба қиём бархостааст

ва ҳамаи назаррабоёнро куштааст;

бар хаймаи духтари Сион

хашми Худро мисли оташ рехтааст.

5 Худованд мисли душман шуда,

Исроилро талаф намудааст:

ҳамаи қасрҳои онро талаф намуда,

калъаҳои онро хароб кардааст

ва барои духтари Яҳудо нолаву

фиғонро афзудааст;

6 Ва хаймаи Худро мисли боғ аз миён бардошта,

ҷамъомадгоҳи Худро хароб кардааст.

Худованд дар Сион рӯзҳои ид

ва шанберо фаромӯш кунонидааст

ва дар шиддати ғазаби Худ подшоҳ

ва коҳинро хорузор намудааст.

7 Худованд қурбонгоҳи Худро тарк карда,

қудси Худро хор дидааст;

ҳисорҳои қасрҳои онро ба дасти душманон

таслим намудааст:

онҳо дар хонаи Худованд, ба монанди рӯзи ид,

овоз бардоштаанд.

8 Худованд қарор додааст,

ки ҳисори духтари Сионро хароб кунад;

шоқул кашида, дасти Худро

аз талаф кардан бознадоштааст;

ва истеҳком ва ҳисорро, ки якҷоя ба хок яксон шудаанд,

кисвати сӯгворӣ пӯшонидааст.

9 Дарвозаҳои он ба замин фурӯ рафтааст;

ғалақаҳои онро вайрон карда шикастааст;

подшоҳи он ва мирони он дар миёни ғайрияҳудиён мебошанд;

шариате нест; анбиёи он низ

рӯъёе аз ҷониби Худованд намеёбанд.

10 Пирони духтари Сион

бар замин хомӯш нишастаанд,

бар сари худ хокистар пошида,

палос пӯшидаанд;

дӯшизагони Ерусалим

сари худро сӯи замин хам кардаанд.

11 Чашмонам аз ашк оҷиз шудааст,

амъоям ҷӯш мезанад,

ҷигарам аз шикасти духтари қавми ман

бар замин мерезад,

вақте ки кӯдакон ва ширмакон

дар кӯчаҳои шаҳр беҳуш шуда меғалтанд.

12 Ба модарони худ мегӯянд:

«Нон ва шароб куҷост?» —

дар ҳолате ки мисли маҷрӯҳон

дар кӯчаҳои шаҳр аз ҳуш рафта,

дар оғӯши модарони худ

ҷон медиҳанд.

13 Чӣ шаҳодате барои ту бидиҳам,

чӣ қиёсе барои ту биёварам,

эй духтари Ерусалим?

Чиро ба ту ташбеҳ намоям, то ки туро тасаллӣ диҳам,

эй духтари бокираи Сион?

Зеро ки шикасти ту мисли баҳр бузург аст,

ва кист, ки туро тавонад шифо диҳад?

14 Анбиёи ту чизҳои ботил ва беаслро

барои ту пешгӯӣ намудаанд

ва гуноҳатро ошкор накардаанд,

то ки хавфи асирии туро пешгирӣ намоянд,

балки нубувватҳои ботил ва хаёлҳои хомро барои ту изҳор кардаанд.

15 Ҳамаи роҳгузарон дар ҳаққи ту

даст бар ҳам месоянд,

ҳуштак кашида,

ба ҳоли духтари Ерусалим сар меҷунбонанд:

«Оё ҳамин аст шаҳре

ки онро камоли зебоӣ,

шодии тамоми замин мегуфтанд?»

16 Ҳамаи душманонат

даҳони худро бар ту кушодаанд,

ҳуштак кашида ва дандон ғиҷиррос занонда,

мегӯянд: «Онро талаф кардем!

Ҳай‐ҳай, ин ҳамон рӯз аст, ки дар интизораш будем

ва ҳоло ба он ноил шудаем, онро ба чашми худ дидаем!»

17 Худованд он чи қарор дода буд,

иҷро кардааст; амреро,

ки аз қадимулайём фармуда буд, ба амал овардааст:

хароб намуда, раҳме накардааст

ва душманро бар ту шод гардонда,

шохи адуёнатро баланд бардоштааст.

18 Дили онҳо сӯи Худованд фарьёд мекунад:

эй ҳисори духтари Сион!

Рӯзу шаб мисли ҷӯйбор ашк рез,

ба худат оромӣ надеҳ,

гавҳараки чашмат қарор наёбад.

19 Шабонгоҳ, дар аввали посҳо,

бархоста фиғон бардор;

ба ҳузури Худованд дили

худро мисли об рехта холӣ кун;

дастҳои худро дар бораи ҷони кӯдаконат,

ки дар сари ҳар кӯча

аз гуруснагӣ беҳуш мешаванд,

сӯи Ӯ боло бардор:

20 «Худовандо! Назар андоз ва бубин,

ки чунин амалро ба кӣ кардаӣ?

Оё равост, ки занон меваи батни худро, —

кӯдаконеро, ки ба сад ноз парварда буданд, — бихӯранд?

Оё равост, ки коҳин ва набӣ

дар қудси Худованд кушта шаванд?

21 Наврасон ва пирон

бар хоки кӯчаҳо хобидаанд;

дӯшизагонам ва ҷавононам

аз дами шамшер афтодаанд;

Ту онҳоро дар рӯзи ғазаби худ куштаӣ,

ба қатл расондаӣ ва раҳме накардаӣ;

22 Даҳшатҳои маро аз гирду атроф, ба монанди рӯзи ид,

даъват намудаӣ;

ва касе набуд, ки дар рӯзи ғазаби Худованд

гурехта ва зинда монда бошад:

онҳоеро, ки ба сад ноз парварда ва калон карда будам,

душмани ман талаф намудааст».

3

БОБИ СЕЮМ

Ирмиё андӯҳгин асм,

лекин дар андӯҳи худ тасаллӣ меёбад.

1 Ман одаме ҳастам,

ки аз асои ғазаби Ӯ мазаллат дидаам.

2 Ӯ маро бурда, ба торикӣ даровардааст,

ва на ба рӯшноӣ;

3 Фақат ба зидди ман тамоми рӯз гашта —

баргашта дасти Худро нигаронидааст;

4 Гӯшт ва пӯсти маро реш‐реш карда,

устухонҳои маро шикастааст;

5 Бар ман иморат сохта,

маро бо заҳр ва мусибат иҳота намудааст;

6 Маро дар зулмот сокин гардондааст,

мисли онҳое ки аз қадим мурдаанд;

7 Гирдогирди ман тавора кашидааст,

то ки натавонам берун равам;

ишкели маро вазнин кардааст;

8 Агарчи фарьёд ва истиғоса менамоям,

дуои маро пешгирӣ кардааст;

9 Роҳҳои маро бо харсангҳо бандубаст намудааст,

пайроҳаҳои маро каҷ кардааст.

10 Ӯ барои ман хирси каминвар аст,

шерест, ки дар ҷои ниҳонӣ бошад;

11 Роҳҳои маро каҷ карда, маро даридааст,

маро маъюс намудааст;

12 Камони Худро зеҳ карда,

маро ҳадафе барои тир қарор додааст;

13 Тирҳои таркаши Худро

ба гурдаҳои ман фурӯ фиристодааст.

14 Барои тамоми қавми худ хандахариш шудаам,

калимаи тамасхури ҳаррӯзаи онҳо гардидаам.

15 Ӯ маро аз талхиҳо сер кардааст,

маро аз явшон сероб намудааст;

16 Дандонҳоямро бо сангреза шикастааст,

маро бо хокистар пӯшонидааст.

17 Ва ҷонам аз осоиштагӣ дур шудааст:

некрӯзиро фаромӯш кардаам.

18 Ва гуфтам, ки қувватам

ва умеде ки аз Худованд доштам, барбод рафтааст.

19 Мазаллат ва дилшикастагии маро,

явшон ва заҳрро ба ёд овар.

20 Нағз ба ёд меоварам,

ва ҷонам андаруни ман маъюс шудааст.

21 Ба дили худ чунин ҷавоб хоҳам гардонд

ва бинобар ин умедвор хоҳам буд:

22 Эҳсонҳои Худованд поён надорад,

ва марҳаматҳои Ӯ беинтиҳост;

23 Онҳо ҳар субҳ аз нав зоҳир мешавад:

вафои Ту бузург аст.

24 «Худованд насибаи ман аст, — мегӯяд ҷони ман, —

бинобар ин ба Ӯ умедвор хоҳам буд».

25 Худованд барои умедворони худ,

барои ҳар ҷоне ки толиби Ӯст, нек аст:

26 Хуб мешавад, ки ба наҷоти Худованд

сокитона умедвор бошанд.

27 Барои одамизод хуб аст,

ки юғро дар ҷавонии худ бардошта бошад:

28 Вай танҳо нишаста, сукут хоҳад кард,

зеро ки Худованд юғро бар вай ниҳодааст;

29 Даҳони худро бар хок хоҳад ниҳод:

эҳтимол дорад, ки умеде бошад;

30 Ба касе ки варо мезанад, рухсори худро хоҳад дошт

ва аз нанг сер хоҳад шуд.

31 Зеро ки Худованд ба сурати абадӣ

тарк нахоҳад кард,

32 Балки, агар ғамгин кунад,

аз рӯи эҳсонкории бузурги Худ

марҳамат хоҳад намуд,

33 Зеро ки Ӯ банӣ‐одамро на ба дилхоҳи Худ

ҷазо дода ғамгин мекунад.

34 Вақте ки ҳамаи бандиёни заминро

бо пойҳои худ пахш мекунанд,

35 Вақте ки одамро ба ҳузури Ҳаққи Таоло

ноҳақ доварӣ менамоянд,

36 Вақте ки дар муҳокимаи даъвои одам каҷкорӣ мекунанд, —

магар инро Худованд намебинад?

37 Кист, ки чизе гуфта бошаду он чиз иҷро шуда бошад,

бе он ки Худованд амр фармояд?

38 Оё бадиҳо ва некиҳо аз амри Ҳаққи Таоло

ба вуқӯъ намеояд?

39 Одами зинда чӣ ҳақ дорад гила кунад,

вақте ки аз гуноҳҳои худаш ҷазо бинад?

40 Пас, роҳҳои худро бояд тафтиш ва таҳқиқ кунем

ва сӯи Худованд баргардем,

41 Дилҳои худро сӯи Худое ки дар осмон аст,

бо дастҳо боло кунем:

42 «Мо гуноҳ кардаем ва саркашӣ намудаем,

Ту наомурзидаӣ;

43 Худро бо ғазаб пӯшонида,

моро таъқиб намудаӣ,

куштаӣ, раҳме накардаӣ;

44 Худро бо абр пӯшонидаӣ,

то ки дуо нагзарад;

45 Моро дар миёни қавмҳо

хокрӯба ва ахлот гардондаӣ.

46 Ҳамаи душманони мо

даҳони худро бар мо кушодаанд.

47 Даҳшат ва дом,

харобӣ ва шикаст насиби мо шудааст.

48 Аз шикасти духтари қавми ман

аз чашмам ҷӯйбори об мерезад.

49 Чашмам ашкбор аст ва бас намекунад,

бе он ки танаффусе намояд,

50 То даме ки Худованд

аз осмон назар андозад ва бубинад.

51 Чашмам аз барои ҳамаи духтарони шаҳри

ман ҷони маро ба дард меоварад.

52 Онҳое ки ноҳақ ба ман душманӣ доранд,

маро мисли мурғе сайд карданӣ шуданд;

53 Ҳаётамро дар чоҳ нобуд карда,

маро сангборон намуданд.

54 Об аз сарам гузашт;

гуфтам: „Корам тамом шуд“.

55 Аз даруни чоҳи чуқур исми Туро,

эй Худованд, хондам.

56 Овози маро шунидӣ:

„Пас, гӯши Худро аз фарьёд

ва истиғосаи ман напӯшон“.

57 Дар рӯзе ки Туро хондам,

наздик шуда гуфтӣ: „Натарс!“

58 Даъвоҳои ҷони маро Ту, эй Худованд,

ҳимоят кардӣ, ҳаёти маро раҳонидӣ.

59 Ноинсофиеро, ки дар ҳаққи ман содир мешавад, Ту,

эй Худованд, мебинӣ;

пас, доди маро бидеҳ!

60 Тамоми интиқомҷӯии онҳоро,

тамоми дасисакории онҳоро дар ҳаққи ман мебинӣ;

61 Таҳқири онҳоро, тамоми дасисакории онҳоро

дар ҳаққи ман Ту, эй Худованд, мешунавӣ,

62 Низ суханони мухолифонам ва андешаҳоеро,

ки онҳо ҳар рӯз ба муқобили ман доранд.

63 Шинухези онҳоро бубин,

ки ман ашӯлаи онҳо гардидаам.

64 Сазояшонро, эй Худованд,

мувофиқи аъмоли дастҳошон ба онҳо баргардон;

65 Ба онҳо маҳзунии дил бидеҳ;

нафрини Ту бар онҳо бод.

66 Бо ғазаби Худ, эй Худованд,

онҳоро таъқиб намо ва аз зери осмон маҳв кун».

4

БОБИ ЧОРУМ

Мусибат ва шармандагии Яҳудо.

1 Чӣ гуна тилло хира шудааст,

зари холис тағьир ёфтааст,

сангҳои гаронбаҳо

дар сари ҳар кӯча партофта шудааст!

2 Чӣ гуна фарзандони азизи Сион,

ки ба зари холис баробар буданд,

мисли кӯзаи сафолине

ки амали дасти кулол аст, ҳисоб шудаанд!

3 Шағолон низ пистон берун оварда,

бачаҳои худро мемаконанд,

лекин духтари қавми ман, мисли шутурмурғҳо дар биёбон, бераҳм шудааст.

4 Забони бачаи ширмак

аз ташнагӣ ба комаш часпидааст;

кӯдакон нон мепурсанд, —

касе ба онҳо намедиҳад.

5 Онҳое ки нуқлу наво мехӯрданд,

дар кӯчаҳо бемаҷол шудаанд;

онҳое ки бар бистари абрешимин парвариш меёфтанд,

ахлоттӯдаҳоро ба оғӯш мекашанд.

6 Ва маъсияти духтари қавми ман

аз гуноҳи Садӯм бузургтар аст,

ки он дар як мижа задан вожгун шуд,

бе он ки касе дастҳояшро ба он расонда бошад.

7 Сарварони вай аз барф тозатар

ва аз шир сафедтар буданд;

баданашон аз марҷон сурхтар,

қаду қоматашон мисли ёқути кабуд буд;

8 Ва акнун чеҳраашон аз ангишт сиёҳтар шудааст,

ба тавре ки дар кӯчаҳо онҳоро намешиносанд;

пӯсташон ба устухонашон часпида,

мисли чӯб хушк шудааст.

9 Куштаҳои шамшер назар ба куштаҳои гуруснагӣ хушбахттар буданд,

чунки аз теғ хуншор шуда, зуд мурдаанд,

назар ба онҳое ки аз камии маҳсулоти

киштзор бо азоби бисьёр ҷон додаанд.

10 Дастҳои занони раҳмдил

бачаҳои худро пухтаанд,

то ки дар вақти шикасти духтари қавми ман

барояшон хӯрок шавад.

11 Худованд хашми Худро ба анҷом расондааст,

шиддати ғазаби Худро фурӯ рехтааст

ва оташе дар Сион афрӯхтааст,

ки он асосҳои варо хӯрдааст.

12 Подшоҳони замин ва ҳамаи

сокинони дуньё бовар намекарданд,

ки аду ва душман

ба дарвозаҳои Ерусалим дохил хоҳад шуд,

13 Аз боиси хатоҳои анбиёи он

ва гуноҳҳои коҳинони он,

ки хуни одилонро

андаруни он мерехтанд;

14 Мисли кӯрон дар кӯчаҳо мегаштанд,

дар ҳолате ки ба хун олуда буданд,

ба тавре ки ба либосҳои онҳо касе наметавонист бирасад.

15 «Дур шавед! Палид аст!» — дод мегуфтанд дар ҳаққи онҳо, —

«Дур шавед, дур шавед, нарасед!»

Ва онҳо чунин сарсон ва овора шуда мегаштанд,

ва дар миёни халқҳо дар бораи онҳо мегуфтанд:

«Дигар дар ин ҷо сокин нахоҳанд шуд».

16 Хашми Худованд онҳоро пароканда хоҳад кард,

дигар ба онҳо назари нек нахоҳад кард:

дар он ҷо коҳинонро рӯихотир намекунанд

ва ба пирон раҳм надоранд.

17 Чашмони мо ҳанӯз

ба мадад беҳуда чор мешуд:

дар чашмдошти худ ба халқе умедвор будем,

ки вай наметавонист моро наҷот диҳад.

18 Қадамҳои моро камин мекарданд,

ба дараҷае ки мо дар кӯчаҳои худ наметавонистем роҳ равем;

охири мо наздик мешуд,

рӯзҳои мо анҷом меёфт;

ҳақиқатан охири мо фаро расида буд.

19 Таъқибкунандагони мо аз уқобҳои

осмон тезравтар буданд:

бар кӯҳҳо моро таъқиб мекарданд,

дар биёбон барои мо камин месохтанд.

20 Масеҳи Худованд, ки рӯҳи ҳаёти мо буд,

дар чоҳи онҳо афтод,

ки дар бораи ӯ мегуфтем: «Ба зери сояи ӯ

дар миёни халқҳо зиндагӣ хоҳем кард».

21 Шодӣ ва хурсандӣ намо, эй духтари Адӯм,

ки дар замини Ус сокин ҳастӣ!

Ин коса ба ту низ хоҳад расид:

маст гардида, урьён хоҳӣ шуд.

22 Эй духтари Сион! Маъсияти ту акнун тамом шудааст:

Ӯ туро дигар ҷалои ватан нахоҳад кард.

Аммо маъсияти туро, эй духтари Адӯм,

Ӯ ба ҷазо мустаҳиқ намуда, гуноҳҳоятро ошкор хоҳад кард.

5

БОБИ ПАНҶУМ

Тазаррӯи қавми мазлум дар бораи марҳамат ва мадад.

1 Худовандо! Он чи ба мо рӯй додааст, ба ёд овар;

назар андоз ва нанги моро бубин.

2 Мероси мо аз они аҷнабиён,

хонаҳои мо аз они бегонагон шудааст.

3 Ятим шудаем ва падар надорем;

модарони мо мисли бевазанон шудаанд.

4 Оби худро ба нуқра харида менӯшем,

ҳезуми мо дар бадали пул ба даст медарояд.

5 Моро бунигарданӣ зада пеш мекунанд,

хаста мешавем, — фароғат кардан намемонанд.

6 Ба Миср ва Ашшур даст кафча кардем,

то ки аз нон сер шавем.

7 Падарони мо гуноҳ кардаанд; онҳо аз дуньё чашм пӯшидаанд,

валекин мо аз барои маъсияташон гирифтори ҷазо шудаем.

8 Ғуломон бар мо ҳукмфармо шудаанд;

касе нест, ки моро аз дасташон халосӣ диҳад.

9 Ҷони худро ба каф гирифта,

ба зери хавфи шамшери аҳли биёбон нони худро пайдо мекунем.

10 Пӯсти мо аз тафси гуруснагӣ

мисли танӯр сӯхтааст.

11 Занонро дар Сион беисмат мекунанд,

дӯшизагонро — дар шаҳрҳои Яҳудо.

12 Мирон бо дасти онҳо ба дор кашида мешаванд,

пирон эҳтиром надоранд.

13 Ҷавонон сангҳои осиёро мебардоранд,

ва наврасон зери бори ҳезум беҳуш шуда меғалтанд.

14 Пирон дигар назди дарвоза наменишинанд;

ҷавонон сурудгӯӣ намекунанд.

15 Дилхушии мо хотима ёфтааст;

рақси мо ба мотам мубаддал шудааст.

16 Тоҷи сари мо фурӯ ғалтидааст;

вой бар ҳоли мо, ки гуноҳ кардаем!

17 Барои ин доим дили мо дард мекунад,

барои инҳо чашмони мо хира шудааст:

18 Барои кӯҳи Сион, ки хароб шудааст,

ва шағолон бар он гаштугузор мекунанд.

19 Лекин Ту, эй Худованд, то абад қоим ҳастӣ,

ва тахти Ту то абадуддаҳр аст.

20 Чаро моро ба сурати абадӣ фаромӯш кардаӣ,

ба муддати дуру дароз тарк намудаӣ?

21 Худовандо! Моро сӯи Худ баргардон,

ва мо хоҳем баргашт;

рӯзҳои моро мисли пештара таҷдид намо.

22 Наход ки моро тамоман рад карда,

бениҳоят бар мо хашмгин шуда бошӣ?