КИТОБИ
ЕҲУШАЪ ИБНИ НУН
1БОБИ ЯКУМ
Худованд Еҳушаъ ибни Нунро дар унвони пешвои қавм тасдиқ мекунад.
1 Ва баъд аз вафоти Мусо, бандаи Худованд, чунин воқеъ шуд, ки Худованд ба Еҳушаъ ибни Нун, хизматгузори Мусо, сухан ронда, гуфт:
2 «Мусо, бандаи Ман, вафот ёфт; ва алҳол бархоста, аз ин рӯди Урдун убур намо, ту ва тамоми ин қавм, ба замине ки Ман ба онҳо, ба банӣ‐Исроил, медиҳам.
3 Ҳар ҷоеро, ки кафи пои шумо бар он гузошта шавад, ба шумо медиҳам, чунон ки ба Мусо гуфтаам.
4 Аз биёбон ва ин Лубнон то наҳри бузург, ки наҳри Фурот бошад, тамоми замини ҳиттиён то баҳри Бузург, ки ғурубгоҳи офтоб аст, ҳудуди шумо хоҳад буд.
5 Ҳеҷ кас дар тамоми айёми умрат қодир нахоҳад буд, ки пеши ту истодагӣ намояд; чунон ки бо Мусо будам, бо ту низ хоҳам буд; туро бемаҷол нахоҳам гардонид ва тарк нахоҳам кард.
6 Кавӣ ва далер бош, зеро ки ту ба тасарруфи ин қавм заминеро хоҳӣ даровард, ки дар бораи он ба падаронашон қасам хӯрдаам, ки ба онҳо бидиҳам.
7 Фақат қавӣ ва далер бош, то ки бо риояти дурусти тамоми шариате ки Мусо, бандаи Ман, ба ту амр фармудааст, амал намоӣ; аз он ба тарафи рост ё чап дур нашав, то ба ҳар ҷое ки меравӣ, муваффақият ба даст оварӣ.
8 Бигзор ин китоби шариат аз даҳони ту дур нашавад, ва онро ту рӯзу шаб биомӯз, то бо риояти ҳар он чи дар он навишта шудааст, амал намоӣ, зеро ки он гоҳ дар роҳҳои худ комьёб гардида, муваффақият ба даст хоҳӣ овард.
9 Ман, охир, ба ту чунин амр фармудаам: қавӣ ва далер бош, натарс ва ҳаросон нашав, зеро ба ҳар ҷое ки биравӣ, Худованд Худои ту бо туст».
Амр ба нозирон.
10 Ва Еҳушаъ ба нозирони қавм амр фармуда, гуфт:
11 «Андаруни ӯрдугоҳ давр занед, ва ба қавм амр фармуда, бигӯед: „Барои худ тӯша муҳайё кунед, зеро ки баъд аз се рӯз шумо аз ин Урдун хоҳед гузашт, то ки рафта, заминеро ба тасарруфи худ дароваред, ки Худованд Худои шумо ба шумо барои тасарруф намудан медиҳад“».
12 Ва Еҳушаъ ба реубениён ва ҷодиён ва нисфи сибти Менашше сухан ронда, гуфт:
13 «Ба ёд оваред он каломро, ки Мусо, бандаи Худованд, ба шумо амр фармуда, гуфтааст: „Худованд Худои шумо ба шумо оромӣ бахшид, ва ин заминро ба шумо дод“.
14 Занони шумо, кӯдакони шумо ва чорвои шумо бигзор дар замине ки Мусо ба шумо дар ин тарафи Урдун додааст, бимонанд, валекин шумо, ҳамаи мардони ҷангӣ, мусаллаҳ гардида, пешопеши бародарони худ убур намоед ва ба онҳо кӯмак расонед,
15 То даме ки Худованд ба бародарони шумо низ, мисли шумо, оромӣ бахшад, ва онҳо низ заминеро, ки Худованд Худои шумо ба онҳо медиҳад, тасарруф намоянд; ва он гоҳ шумо ба мулки худ, ба замине ки Мусо, бандаи Худованд, дар ин тарафи Урдун аз тулӯъгоҳи офтоб ба шумо додааст, баргашта, онро тасарруф хоҳед кард».
16 Ва онҳо ба Еҳушаъ ҷавоб дода, гуфтанд: «Ҳар амре ки ба мо бифармоӣ, ба ҷо хоҳем овард, ва ба ҳар куҷо, ки моро бифиристӣ, равона хоҳем шуд;
17 Чунон ки дар ҳар бобат ба Мусо гӯш додаем, ончунон ба ту гӯш хоҳем дод, фақат Худованд Худои ту бигзор бо ту бошад, чунон ки бо Мусо буд;
18 Ҳар касе ки ба фармони ту муқобилият намояд ва ба суханони ту дар ҳар чизе ки амр фармоӣ, гӯш надиҳад, кушта хоҳад шуд; фақат қавӣ ва далер бош».
2БОБИ ДУЮМ
Роҳоб ва ҷосусон.
1 Ва Еҳушаъ ибни Нун аз Шиттим ду марди ҷосусро пинҳонӣ фиристода, гуфт: «Рафта, он замин ва Ериҳӯро бубинед». Онҳо рафта, ба хонаи фоҳишае ки Роҳоб ном дошт, даромаданд ва дар он ҷо хоб карданд.
2 Ва ба подшоҳи Ериҳӯ чунин хабар расид: «Инак, имшаб ба ин ҷо мардон аз банӣ — Исроил омадаанд, то ки заминро ҷосусӣ кунанд».
3 Ва подшоҳи Ериҳӯ назди Роҳоб фиристода, гуфт: «Мардонеро, ки назди ту омада, ба хонаи ту даромадаанд, берун овар, зеро онҳо омадаанд, то ки тамоми ин заминро ҷосусӣ кунанд».
4 Валекин зан он ду мардро гирифта, пинҳон кард, ва гуфт: «Оре, он мардон назди ман омада буданд, вале ман надонистам, ки онҳо аз куҷоянд;
5 Ва чун ҳаво торик шуда, вақти бастани дарвоза расид, он мардон берун рафтанд; намедонам, ки онҳо куҷо рафтанд; зуд онҳоро таъқиб намоед, ки ба онҳо хоҳед расид».
6 Ва ҳол он ки ӯ онҳоро болои бом бароварда, дар миёни зағирпояҳо, ки болои бом чида буд, пинҳон кард.
7 Пас он касон онҳоро дар роҳе ки сӯи Урдун мебурд, то худи маъбарҳо таъқиб карданд; ва баъд аз он ки таъқибкунандагони онҳо берун рафтанд, дарвозаро бастанд.
8 Ва пеш аз он ки онҳо хоб раванд, ӯ назди онҳо болои бом баромад,
9 Ва ба он мардон гуфт: «Ман медонам, ки Худованд ин заминро ба шумо додааст, ва тарси шумо моро фаро гирифтааст, ва ҳамаи сокинони ин замин пеши шумо беҷуръат шудаанд;
10 Зеро шунидаем, ки чӣ гуна Худованд обҳои баҳри Кулзумро пеши шумо хушк кардааст, вақте ки аз Миср берун омадед, ва чӣ гуна шумо бо ду подшоҳи амӯрӣ, ки дар он тарафи Урдун буданд, яъне бо Сихӯн ва Ӯҷ амал намуда, онҳоро маҳв кардаед;
11 Ва ҳангоме ки инро шунидем, дилҳои мо бемаҷол гардид, ва дар ҳеҷ кас дигар рӯҳи муқовимат пеши шумо боқӣ намонд, зеро ки Худованд Худои шумо ҳам дар осмон ва ҳам бар замин Худо мебошад.
12 Ва алҳол барои ман ба Худованд қасам ёд кунед, ки ба хотири эҳсоне ки ман ба шумо кардам, шумо низ ба хонадони падари ман эҳсон хоҳед кард; ва нишони мӯътабаре ба ман бидиҳед,
13 Ки шумо падарам ва модарам ва бародаронам ва хоҳаронам ва ҳар киро, ки онҳо доранд, зинда хоҳед гузошт, ва ҷонҳои моро аз марг раҳо хоҳед кард».
14 Ва он мардон ба ӯ гуфтанд: «Бигзор ҷонҳои мо ба ҷои шумо бимирад, агар шумо ин кори моро ошкор накунед; ва ҳангоме ки Худованд ин заминро ба мо бидиҳад, мо ба ту ба ростӣ эҳсон хоҳем кард».
15 Ва ӯ онҳоро бо танобе аз тиреза фуровард, зеро ки хонаи ӯ дар мобайни деворҳои ҳисор буд, ва ӯ дар мобайни ҳисор сукунат дошт.
16 Ва ба онҳо гуфт: «Ҷониби кӯҳ биравед, мабодо таъқибкунандагон ба шумо осебе расонанд; ва дар он ҷо се рӯз пинҳон шавед, то даме ки таъқибкунандагон баргарданд; ва баъд ба роҳи худ хоҳед рафт».
17 Ва он мардон ба ӯ гуфтанд: «Мо аз ин қасами ту, ки моро қасам додӣ, дар чунин сурат фориғ хоҳем буд:
18 Инак, мо ба ин замин меоем; ту ин арғамчини дорои риштаи қирмизиро ба тирезае ки моро аз он фуровардӣ, бибанд; ва падарат ва модарат ва бародаронат ва тамоми аҳли байти падаратро назди худ ба хонаат ҷамъ кун;
19 Ва ҳар касе ки аз дари хонаи ту берун равад, хунаш ба гарданаш хоҳад буд, ва мо фориғ хоҳем буд; ва ҳар касе ки бо ту дар хона бошад, агар дасти тааддӣ ба вай бирасад, хуни вай ба гардани мо хоҳад буд;
20 Вале агар ту ин кори моро ошкор кунӣ, мо аз қасами ту, ки моро қасам додӣ, фориғ хоҳем буд».
21 Ва ӯ гуфт: «Бигзор аз рӯи гуфтаи шумо бишавад!» Ва онҳоро фиристод, ва онҳо рафтанд; ва арғамчини қирмизиро ба тиреза баст.
22 Ва онҳо рафта, ба кӯҳ расиданд, ва дар он ҷо се рӯз монданд, то даме ки таъқибкунандагон баргаштанд; ва таъқибкунандагон тамоми роҳро ҷустуҷӯ карданд, вале наёфтанд.
23 Ва он ду мард гашта аз кӯҳ фуромаданд, ва аз наҳр убур намуда, назди Еҳушаъ ибни Нун омаданд, ва ҳар чиро, ки ба онҳо рӯй дода буд, ба ӯ ҳикоят карданд.
24 Ва ба Еҳушаъ гуфтанд: «Ба ростӣ, Худованд тамоми он заминро ба дасти мо супурдааст, ва ҳамаи сокинони он замин пеши мо беҷуръат шудаанд».
3БОБИ СЕЮМ
Аз Урдун убур карданд.
1 Ва Еҳушаъ бомдодон бармаҳал бархост, ва ӯ ва тамоми банӣ‐Исроил аз Шиттим равона шуда, ба Урдун омада расиданд, ва пеш аз он ки убур кунанд, шабро дар он ҷо гузарониданд.
2 Ва баъд аз гузаштани се рӯз нозирон андаруни ӯрдугоҳ давр заданд,
3 Ва ба қавм амр фармуда, гуфтанд: «Вақте ки сандуқи аҳди Худованд Худои худро бубинед, ки коҳинон ва левизодагон онро бардошта мебаранд, шумо низ аз ҷои худ равона шавед, ва аз ақиби он биравед.
4 Аммо дар миёни шумо ва он то ду ҳазор зироъ масофа бояд бошад; ба он наздик нашавед, то роҳеро, ки бо он хоҳед рафт, бидонед, зеро ки шумо ҳаргиз бо ин роҳ убур нанамудаед».
5 Ва Ехушаъ ба қавм гуфт: «Худро тақдис намоед, зеро ки фардо Худованд дар миёни шумо корҳои аҷоиб хоҳад кард».
6 Ва Ехушаъ ба коҳинон сухан ронда, гуфт: «Сандуқи аҳдро бардошта, пеши қавм убур намоед». Ва онҳо сандуқи аҳдро бардошта, пеши қавм равона шуданд.
7 Ва Худованд ба Ехушаъ гуфт: «Имрӯз Ман ба бузург гардонидани ту дар назари тамоми Исроил шурӯъ менамоям, то бидонанд, ки чунон ки бо Мусо будам, ончунон бо ту хоҳам буд;
8 Ва ту ба коҳинони бардорандаи сандуқи аҳд амр фармуда, бигӯй: „Ҳамин ки ба канори обҳои Урдун бирасед, дар Урдун биистед“».
9 Ва Еҳушаъ ба банӣ‐Исроил гуфт: «Ба ин ҷо наздик омада, суханони Худованд Худои худро бишнавед».
10 Ва Ехушаъ гуфт: «Бо ин хоҳед донист, ки Худои Ҳай дар миёни шумост, ва Ӯ канъониён ва ҳиттиён ва ҳиввиён ва фариззиён ва ҷирҷошиён ва амӯриён ва ябусиёнро аз пеши шумо маҳв хоҳад кард;
11 Инак, сандуқи аҳди Молики тамоми ҷаҳон пешопеши шумо аз Урдун убур хоҳад намуд;
12 Ва алҳол шумо дувоздаҳ нафар аз сибтҳои Исроил, аз ҳар сибт як нафар, барои худ бигиред;
13 Ва ҳамин ки кафи пойҳои коҳинони бардорандаи сандуқи аҳди Худованди Молики тамоми ҷаҳон ба обҳои Урдун дохил шавад, обҳои Урдун, обҳое ки аз боло фурӯд меояд, қатъ гардида, мисли деворе хоҳад бозистод».
14 Ва ҳангоме ки қавм аз хаймаҳои худ равона шуданд, то аз Урдун убур намоянд, ва коҳинони бардорандаи сандуқи аҳд пешопеши қавм буданд,
15 Ҳамин ки бардорандагони сандуқ ба Урдун расиданд, ва пойҳои коҳинони бардорандаи сандуқ ба канори об ғӯтид, — дар сурате ки Урдун тамоми айёми дарав бар ҳамаи соҳилҳояш лабрез мешавад, —
16 Обҳое ки аз боло фурӯд меомад, ба масофаи бисьёр дур аз шаҳри Одом, ки дар ҷониби Сортон аст, мисли деворе бозистод, ва обҳое ки сӯи баҳри биёбон, яъне баҳри Намак, фурӯд меомад, тамоман қатъ гардид, ва қавм дар рӯ ба рӯи Ериҳӯ убур карданд.
17 Ва коҳинони бардорандаи сандуқи аҳди Худованд андаруни Урдун дар хушкӣ маҳкам меистоданд, ва тамоми Исроил дар хушкӣ убур мекарданд, то даме ки аз Урдун убур кардани тамоми халқ анҷом ёфт.
4БОБИ ЧОРУМ
Ду ҳайкали ёдгорӣ.
1 Ва ҳангоме ки аз Урдун убур кардани тамоми халқ анҷом ёфт, Худованд ба Еҳушаъ сухан ронда, гуфт:
2 «Дувоздаҳ нафар аз миёни қавм, аз ҳар сибт як нафар, барои худ бигиред,
3 Ва ба онҳо амр фармуда, бигӯед: „Аз ин ҷо, аз даруни Урдун, аз ҷое ки пойҳои коҳинон маҳкам истода буд, дувоздаҳ санг барои худ бардоред, ва онҳоро бо худ бурда, дар манзилгоҳе ки имшабро мегузаронед, бигузоред“».
4 Ва Еҳушаъ дувоздаҳ мардеро, ки аз банӣ‐Исроил, аз ҳар сибт як нафар, интихоб карда буд, даъват намуд;
5 Ва Еҳушаъ ба онҳо гуфт: «Пеши сандуқи Худованд Худои худ ба даруни Урдун баргардед, ва ҳар яке аз шумо як сангро, мувофиқи шумораи сибтҳои банӣ‐Исроил, бар китфи худ бардоред,
6 То ки ин дар миёни шумо аломате бошад; вақте ки писарони шумо фардо пурсида, гӯянд: „Ин сангҳо дар шумо барои чист?“ —
7 Он гоҳ ба онҳо хоҳед гуфт: „Барои ёдгории он аст, ки обҳои Урдун пеши сандуқи аҳди Худованд қатъ гардид, яъне вақте ки он аз Урдун убур мекард, обҳои Урдун қатъ гардид“. Ва ин сангҳо барои банӣ‐Исроил ёдгории абадӣ хоҳад буд».
8 Ва банӣ‐Исроил чунон ки Еҳушаъ амр фармуд, амал карданд: дувоздаҳ сангро аз даруни Урдун, чунон ки Худованд ба Еҳушаъ гуфта буд, мувофиқи шумораи сибтҳои банӣ‐Исроил, бардоштанд, ва онҳоро ба манзилгоҳи худ бурда, дар он ҷо гузоштанд.
9 Ва Еҳушаъ ҳамчунин андаруни Урдун, дар ҷое ки пойҳои коҳинони бардорандаи сандуқи аҳд истода буд, дувоздаҳ санг гузошт, ва онҳо то имрӯз дар он ҷост.
10 Ва коҳинони бардорандаи сандуқ андаруни Урдун истоданд, то вақти анҷом ёфтани ҳар чизе ки Худованд ба Еҳушаъ амр фармуда буд, ки ба қавм бигӯяд, бар тибқи ҳар чи е ки Мусо ба Еҳушаъ амр фармуда буд; ва қавм шитобон убур мекарданд.
11 Ва ҳангоме ки убур кардани тамоми қавм анҷом ёфт, сандуқи Худованд ва коҳинон низ пеши қавм убур карданд.
12 Ва банӣ‐Реубен ва банӣ‐Ҷод ва нисфи сибти Менашше мусаллаҳ шуда, пешопеши банӣ‐Исроил убур карданд, чунон ки Мусо ба онҳо гуфта буд.
13 Қариб чил ҳазор нафар пешгардҳои лашкар пеши Худованд ба саҳроҳои Ериҳӯ барои ҷанг убур карданд.
14 Дар он рӯз Худованд Еҳушаъро дар назари тамоми Исроил бузург гардонид, ва онҳо дар тамоми айёми умраш аз ӯ метарсиданд, чунон ки аз Мусо метарсиданд.
15 Ва Худованд ба Еҳушаъ сухан ронда, гуфт:
16 «Ба коҳинони бардорандаи сандуқи шаҳодат амр фармой, ки аз Урдун бароянд».
17 Ва Еҳушаъ ба коҳинон амр фармуда, гуфт: «Аз Урдун бароед».
18 Ва ҳангоме ки коҳинони бардорандаи сандуқи аҳди Худованд аз даруни Урдун баромаданд, ва кафи пойҳои коҳинон бар хушкӣ гузошта шуд, обҳои Урдун ба ҷои худ баргашта, мисли он ки қабл аз ин буд, бар ҳамаи соҳилҳои он ҷорӣ шуд.
19 Ва қавм аз Урдун дар рӯзи даҳуми моҳи якум баромаданд, ва дар Ҷилҷол, дар канори шарқии Ериҳӯ ӯрду заданд.
20 Ва он дувоздаҳ сангро, ки аз Урдун гирифта буданд, Еҳушаъ дар Ҷилҷол гузошт.
21 Ва ба банӣ‐Исроил сухан ронда, гуфт: «Вақте ки писарони шумо фардо аз падарони худ пурсида, гӯянд: „Ин сангҳо барои чист?“ —
22 Он гоҳ ба писарони худ фаҳмонида, хоҳед гуфт: „Исроил аз ин Урдун ба хушкӣ убур карданд“.
23 Зеро ки Худованд Худои шумо обҳои Урдунро пеши шумо хушконид, то даме ки шумо аз он убур кардед, чунон ки Худованд Худои шумо ба баҳри Қулзум кард, ки онро пеши мо хушконид, то даме ки мо аз он убур кардем,
24 То ки ҳамаи қавмҳои замин дасти Худовандро бидонанд, ки он пурзӯр аст, ва шумо аз Худованд Худои худ дар тамоми айёми худ битарсед».
5БОБИ ПАНҶУМ
Тарсу ҳарос дар Канъон. Манн тамом шуд.
1 Ва ҳамаи подшоҳони амӯрӣ, ки дар он тарафи Урдун ба самти ғарб буданд, ва ҳамаи подшоҳони канъонӣ, ки дар соҳили баҳр буданд, чун шуниданд, ки Худованд обҳои Урдунро пеши банӣ‐Исроил хушконидааст, то даме ки онҳо убур кардаанд, — дилҳошон бемаҷол гардид, ва дар онҳо дигар рӯҳи муқовимат пеши банӣ‐Исроил боқӣ намонд.
2 Дар он вақт Худованд ба Еҳушаъ гуфт: «Кордҳо аз санги чақмоқ барои худ бисоз, ва аз нав, бори дуюм банӣ‐Исроилро хатна намо».
3 Ва Еҳушаъ кордҳои чақмоқ барои худ сохта, банӣ‐Исроилро бар тали Аролӯт хатна кард.
4 Ва ин аст сабаби хатна кардани Еҳушаъ: тамоми наринаи қавме ки аз Миср берун омада буданд, ҳамаи мардони ҷангӣ, баъд аз он ки аз Миср берун омаданд, дар роҳи биёбон мурданд,
5 Дар сурате ки тамоми ин қавми беруномада махтун буданд, вале тамоми қавме ки дар роҳи биёбон, баъд аз берун омадан аз Миср, таваллуд шуда буданд, махтун набуданд.
6 Зеро ки банӣ‐Исроил чил сол дар биёбон роҳ рафтанд, то вақти фано шудани тамоми он халқ, яъне ҳамаи мардони ҷангие ки аз Миср берун омада буданд, зеро ки онҳо ба овози Худованд гӯш надоданд, ва Худованд ба онҳо қасам хӯрд, ки онҳо он заминро нахоҳанд дид, ки Худованд ба падаронашон қасам хӯрда буд, ки онро ба мо бидиҳад, замине ки шир ва асал дар он ҷорист;
7 Ва писарони онҳоро ба ҷои онҳо барпо намуд; ана ҳаминҳоро Еҳушаъ хатна кард, зеро ки ғилофакдор буданд, чунки онҳоро дар роҳ хатна накарда буданд.
8 Ва ҳангоме ки хатнаи тамоми ин халқ анҷом ёфт, онҳо дар ҷойҳои худ дар ӯрдугоҳ монданд, то даме ки сиҳат ёфтанд.
9 Ва Худованд ба Еҳушаъ гуфт: «Имрӯз Ман нанги Мисрро аз шумо дур кардам». Аз ин рӯ номи ин макон то имрӯз Ҷилҷол хонда мешавад.
10 Ва банӣ‐Исроил дар Ҷилҷол ӯрду заданд, ва иди фисҳро дар рӯзи чордаҳуми моҳ, бегоҳирӯзӣ, дар саҳроҳои Ериҳӯ ба ҷо оварданд.
11 Ва фардои фисҳ, аз ҳосилоти ин замин дар ҳамон рӯз фатир ва хӯшабирьён хӯрданд.
12 Ва аз фардояш, вақте ки аз ҳосили замин хӯрданд, боридани манн қатъ шуд, ва банӣ‐Исроил дигар манн надоштанд, балки дар он сол онҳо аз ҳосилоти замини Канъон мехӯрданд.
Пешвои асроромез.
13 Ва ҳангоме ки Еҳушаъ назди Ериҳӯ буд, ӯ чашмонашро боло бардошта, нигарист, ва инак, марде дар рӯ ба рӯи ӯ истодааст, ва шамшери бараҳна дар дасти вай аст; ва Еҳушаъ назди вай омада, ба вай гуфт: «Оё ту аз мо ҳастӣ ё аз душманони мо?»
14 Вай гуфт: «Не, балки ман пешвои лашкари Худованд ҳастам, ки алҳол омадам». Ва Еҳушаъ рӯ ба замин афтода, сачда бурд ва ба вай гуфт: «Оғоям ба бандаи худ чӣ мегӯяд?»
15 Ва пешвои лашкари Худованд ба Еҳушаъ гуфт: «Пойафзолатро аз пойҳоят бикаш, зеро ҷое ки ту истодаӣ, муқаддас аст». Ва Еҳушаъ чунин кард.
16 Ва Ериҳӯ пеши банӣ‐Исроил маҳкам баста шуда буд: касе аз он берун намерафт ва касе ба он дохил намешуд.
6БОБИ ШАШУМ
Фатҳ кардани Ериҳӯ.
1 Ва Худованд ба Еҳушаъ гуфт: «Инак, Ман Ериҳӯ ва подшоҳи он ва мардони ҷангии онро ба дасти ту месупорам.
2 Ва шумо, ҳамаи ҷанговарон, дар гирди шаҳр гардиш намоед, яъне шаҳрро як карат давр занед; шаш рӯз чунин амал намо.
3 Ва ҳафт коҳин бигзор ҳафт шохи қӯчқорро пешопеши сандуқ бардошта гарданд, ва дар рӯзи ҳафтум ҳафт карат дар гирди шаҳр гардиш намоед, за коҳинон шохҳоро бинавозанд.
4 Ва чун шохи қӯчқор дуру дароз навохта шавад, ва шумо садои шохро бишнавед, бигзор тамоми қавм бо овози баланд фарьёд зананд, ва ҳисори шаҳр дар ҷои худ фурӯ хоҳад ғалтид, ва қавм, ҳар яке аз рахнаи рӯ ба рӯи худ, ба шаҳр дохил хоҳанд шуд».
5 Ва Еҳушаъ ибни Нун коҳинонро даъват намуда, ба онҳо гуфт: «Сандуқи аҳдро бардоред; ва ҳафт коҳин бигзор ҳафт шохи қӯчқорро пешопеши сандуқи Худованд бардоранд».
6 Ва ба қавм гуфт: «Равона шавед ва дар гирди шаҳр гардиш намоед, ва фавҷи пешгард бигзор пешопеши сандуқи Худованд равона шаванд».
7 Ва чун Еҳушаъ ба қавм ин суханонро гуфт, ҳафт коҳин, ки ҳафт шохи қӯчқорро пеши Худованд бардошта буданд, равона шуда, шохҳоро навохтанд; ва сандуқи аҳди Худованд аз ақиби онҳо мерафт.
8 Ва фавҷи пешгард пешопеши коҳинони навозандаи шохҳо мерафтанд, ва фавҷи соқа аз ақиби сандуқ мерафтанд; қадам мезаданду шохҳоро менавохтанд.
9 Ва Еҳушаъ ба кавм амр фармуда, гуфт: «Фарьёд назанед ва овози худро нашунавонед, ва сухане аз даҳонатон набарояд, то рӯзе ки ба шумо бигӯям: „Фарьёд занед!“ — ва он гоҳ фарьёд хоҳед зад».
10 Ва сандуқи Худованд дар гирди шаҳр гардиш намуда, як карат онро давр зад, ва онҳо ба ӯрдугоҳ омаданд, ва шабро дар ӯрдугоҳ гузарониданд.
11 Ва Еҳушаъ бомдодон бармаҳал бархост, ва коҳинон сандуқи Худовандро бардоштанд.
12 Ва ҳафт коҳин, ки ҳафт шохи қӯчқорро пешопеши сандуқи Худованд бардошта мерафтанд, қадам зада мерафтанду шохҳоро менавохтанд, ва фавҷи пешгард пешопеши онҳо равона буданд, ва фавҷи соқа аз ақиби сандуқи Худованд мерафтанд; қадам мезаданду шохҳоро менавохтанд.
13 Ва дар гирди шаҳр дар рӯзи дуюм як карат гардиш намуда, ба ӯрдугоҳ баргаштанд; шаш рӯз чунин амал карданд.
14 Ва дар рӯзи ҳафтум баробари дамидани субҳ бармаҳал бархоста, дар гирди шаҳр ба ҳамин минвол ҳафт карат гардиш карданд; фақат дар ин рӯз дар гирди шаҳр ҳафт карат гардиш карданд.
15 Ва ҳангоме ки дафъаи ҳафтум коҳинон шохҳоро навохтанд, Еҳушаъ ба қавм гуфт: «Фарьёд занед, зеро ки Худованд шаҳрро ба шумо супурдааст!
16 Ва ин шаҳр, ва ҳар чи дар он аст, барои Худованд ҳаром хоҳад буд; фақат Роҳоби фоҳиша бо ҳар касе ки дар хонаи вай аст, зинда хоҳад монд, зеро вай қосидонеро, ки фиристодем, пинҳон кард.
17 Валекин шумо аз чизи ҳаром эҳтиёт кунед, мабодо бо даст задан ба чизи ҳаром шумо нобуд шавед, ва ӯрдугоҳи Исроилро гирифтори ҳалокат карда, фалокате ба сари он биёред.
18 Ва тамоми нуқра ва тилло ва зарфҳои мисин ва оҳанин вақф барои Худованд буда, ба ганҷинаи Худованд дохил хоҳад шуд».
19 Ва қавм фарьёд заданд, ва шохҳоро навохтанд; ва ҳангоме ки қавм садои шохро шуниданд, қавм бо овози баланд фарьёд заданд, ва ҳисор дар ҷои худ фурӯ ғалтид, ва қавм, ҳар яке аз рахнаи рӯ ба рӯи худ, ба шаҳр дохил шуданд, ва шаҳрро забт карданд.
20 Ва ҳар чиро, ки дар шаҳр буд, — аз мард то зан, аз ҷавон то пир ва то гов ва гӯсфанд ва хар, — ба дами шамшер маҳв карданд.
21 Ва Еҳушаъ ба он ду мард, ки ин заминро ҷосусӣ карда буданд, гуфт: «Ба хонаи он фоҳиша биравед, ва он занро бо ҳамаи онҳое ки назди вай ҳастанд, берун оваред, чунон ки ба вай қасам хӯрдаед».
22 Ва он ду ҷавони ҷосус рафта, Роҳоб ва падараш ва модараш ва бародаронаш ва ҳамаи онҳоеро, ки назди вай буданд, ва тамоми аҳли оилаи варо бароварданд, ва онҳоро берун аз ӯрдугоҳи Исроил ҷо доданд.
23 Ва шаҳрро бо ҳар чи дар он буд, ба оташ сӯзониданд; фақат нуқра ва тилло ва зарфҳои мисин ва оҳанинро ба ганҷинаи хонаи Худованд супурданд.
24 Ва Роҳоби фоҳиша ва хонадони падари вай ва ҳамаи онҳоеро, ки назди вай буданд, Еҳушаъ зинда нигоҳ дошт, ва вай то имрӯз дар миёни Исроил сокин аст, зеро вай қосидонеро, ки Еҳушаъ барои ҷосусии Ериҳӯ фиристода буд, пинҳон кард.
25 Ва Еҳушаъ дар он вақт қасам дода, гуфт: «Малъун бод ба хузури Худованд касе ки бархоста, ин шаҳри Ериҳӯро бино кунад: бар писари нахустзодаи худ бунёди онро хоҳад ниҳод ва бар писари хурдии худ дарвозаҳои онро хоҳад шинонид».
26 Ва Худованд бо Еҳушаъ буд, ва шӯҳрати ӯ дар тамоми замин паҳн шуд.
7БОБИ ҲАФТУМ
Гуноҳи Охон ба сари тамоми қавм фалокат меоварад.
1 Вале банӣ‐Исроил дар ҳаққи ғанимате ки ҳаром дониста шуда буд, хиёнат карданд; ва Охон ибни Кармӣ ибни Забдӣ ибни Зораҳ, ки аз сибти Яҳудо буд, аз он ғанимати ҳаром гирифт, ва хашми Худованд бар банӣ‐Исроил аланга зад.
2 Ва Еҳушаъ аз Ериҳӯ ба Ой, ки дар наздикии Байт‐Овин, ба тарафи шарқии Байт‐Ил воқеъ аст, одамонро фиристод, ва ба онҳо сухан ронда, гуфт: «Биравед ва он заминро ҷосусӣ кунед». Ва он одамон рафта, Ойро ҷосусӣ карданд.
3 Ва назди Еҳушаъ баргашта, ба ӯ гуфтанд: «Набояд тамоми қавм бароянд, балки тақрибан ду ҳазор нафар, ё тақрибан се ҳазор нафар бароянд, ва онҳо Ойро торумор хоҳанд кард; тамоми қавмро ба он ҷо бурда заҳмат надеҳ, зеро ки онҳо кам ҳастанд».
4 Ва аз қавм ба он ҷо тақрибан се ҳазор нафар равона шуданд, ва аз пеши мардуми Ой рӯ ба гурез оварданд.
5 Ва аз онҳо мардуми Ой тақрибан сиву шаш нафарро куштанд, ва аз пеши дарвоза то Шеборим онҳоро таъқиб карданд, ва дар нишебӣ ба онҳо зарба расониданд; ва дили қавм гудохта гардида, об шуд.
6 Ва Еҳушаъ либосҳояшро чок зад, ва пеши сандуқи Худованд то шом рӯ ба замин афтод, — ӯ ва пирони Исроил, — ва хок бар сари худ пошиданд.
7 Ва Еҳушаъ гуфт: «Ё Худоё Худовандо! Чаро ин қавмро аз Урдун убур кунондӣ, то ки моро ба дасти амӯриён супурда, ба ҳалокат бирасонӣ? Кошки мо азм намуда, дар он тарафи Урдун мемондем!
8 Лутфан, эй Худованд! Ман чӣ гӯям баъд аз он ки Исроил аз пеши душманони худ гурехта ақиб рафтаанд?
9 Ва акнун канъониён ва ҳамаи сокинони ин замин инро шунида, дар гирди мо ҷамъ хоҳанд шуд ва номи моро аз замин маҳв хоҳанд намуд; ва ту ба исми бузурги Худ чӣ хоҳӣ кард?»
10 Ва Худованд ба Еҳушаъ гуфт: «Бархез; чаро ту чунин бар рӯи худ афтодаӣ?
11 Исроил гуноҳкор шуданд, ва ҳам аҳдеро, ки ба онҳо амр фармудаам, поймол карданд, ва ҳам ғанимати ҳаромро гирифтанд, ва ҳам дуздиданд, ва ҳам пинҳон карданд, ва ҳам дар ашьёи худ гузоштанд.
12 Ба ин сабаб Исроил наметавонанд пеши душманони худ истодагӣ намоянд, ва аз пеши душманони худ гурехта ақиб мераванд, зеро ки худро ҳаром гардониданд; агар шумо ғанимати ҳаромро аз миёни худ нест накунед, Ман дигар бо шумо нахоҳам буд.
13 Бархоста, қавмро тақдис намо ва бигӯй: „Барои тақдиси фардо ҳозир шавед; зеро ки Худованд Худои Исроил чунин мегӯяд: ғанимати ҳаром дар миёни шумост, эй Исроил! То он ҳаромро аз миёни худ дур накунед, пеши душманони худ наметавонед истодагӣ намоед“.
14 Ва бомдодон шумо мувофиқи сибтҳои худ наздик оед; ва сибте ки Худованд бар он ишорат диҳад, бигзор мувофиқи қабилаҳои худ наздик ояд; ва қабилае ки Худованд бар он ишорат диҳад, бигзор мувофиқи хонадонҳои худ наздик ояд; ва хонадоне ки Худованд бар он ишорат диҳад, бигзор ҳар марди он наздик ояд.
15 Ва ҳар кас, ки ғанимати ҳаром назди вай барояд, бигзор худаш ва ҳар чизе ки дорад, ба оташ сӯзонида шавад, зеро ки вай аҳди Худовандро поймол карда, қабоҳате дар Исроил ба амал овардааст».
16 Ва Еҳушаъ бомдодон бармаҳал бархоста, Исроилро мувофиқи сибтҳошон наздик овард, ва ишорат бар сибти Яҳудо афтод;
17 Ва қабилаҳои Яҳудоро наздик овард, ишорат бар қабилаи Зораҳ афтод; ва қабилаи Зораҳро мувофиқи мардҳои он наздик овард, ишорат бар Забдӣ афтод;
18 Ва хонадони ӯро мувофиқи мардҳои он наздик овард, ишорат бар Охон ибни Кармӣ ибни Забдӣ ибни Зораҳ, ки аз хонадони Яҳудо буд, афтод.
19 Ва Еҳушаъ ба Охон гуфт: «Писарам, лутфан Худованд Худои Исроилро ҷалол деҳ, ва пеши Ӯ иқрор шав, ва ба ман маъл м намо, ки чӣ кардӣ; аз ман пинҳон надор».
20 Ва Охон ба Еҳушаъ ҷавоб гардонида, гуфт: «Ман ҳақиқатан пеши Худованд Худои Исроил гуноҳ карда, чунин коре ба амал овардам:
21 Вақте ки дар миёни ғанимат як ҷомаи зебои шинъорӣ, ва дусад сиқл нуқра, ва як сихи тиллоро, ки вазнаш панҷоҳ сиқл буд, дидам, онҳоро тамаъ намуда, гирифтам; ва инак, он андаруни хаймаи ман дар замин пинҳон карда шудааст, ва нуқра дар таги он мебошад».
22 Ва Еҳушаъ қосидонро фиристод, ва онҳо сӯи он хайма давиданд; ва инак, он дар хаймаи ӯ пинҳон карда шуда буд, ва нуқра дар таги он буд.
23 Ва онро аз даруни хайма гирифта, назди Еҳушаъ ва тамоми банӣ‐Исроил оварданд, ва ба хузури Худованд гузоштанд.
24 Ва Ехушаъ, ва тамоми Исроил ҳамроҳи ӯ, Охон ибни Зораҳ ва нуқра ва ҷома ва сихи тилло, ва писаронаш ва духтаронаш, ва говонаш ва харонаш, ва бузу гӯсфан донаш ва хаймааш ва ҳар чиро, ки дошт, гирифтанд, ва онҳоро ба водии Охӯр бароварданд.
25 Ва Еҳушаъ гуфт: «Чӣ фалокатест, ки ту ба сари мо овардӣ? Худованд имрӯз ба сари ту фалокат хоҳад овард». Ва тамоми Исроил ӯро сангсор карданд, ва онҳоро ба оташ сӯзониданд ва онҳоро сангборон карданд.
26 Ва сангтӯдаи бузурге бар ӯ барпо карданд, ки он то имрӯз боқист, ва оташи хашми Худованд фурӯ нишаст. Бинобар ин номи он мавзеъ то имрӯз водии Охӯр хонда мешавад.
8БОБИ ҲАШТУМ
Забт кардани шаҳри Ой.
1 Ва Худованд ба Ехушаъ гуфт: «Натарс ва ҳаросон нашав, ҳамаи мардони ҷангиро ҳамроҳи худ бигир ва бархоста, сӯи Ой бирав; инак, Ман подшоҳи Ой ва қавмаш ва шаҳраш ва заминашро ба дасти ту месупорам.
2 Ва бо Ой ва подшоҳаш тавре амал намо, ки бо Ериҳӯ ва подшоҳаш амал намудӣ, фақат ғаниматаш ва чорпоёнашро барои худ тороҷ кунед; дар пушти шаҳр барои худ камин бисоз».
3 Ва Еҳушаъ ва ҳамаи мардони ҷангӣ бархостанд, то ки сӯи Ой бираванд; ва Еҳушаъ сӣ ҳазор нафар ҷанговарони ҷасурро баргузид, ва шабона онҳоро фиристод.
4 Ва ба онҳо амр фармуда, гуфт: «Инак, шумо назди шаҳр аз пушти шаҳр камин хоҳед кард; аз шаҳр бисьёр дур наравед, ва ҳамаатон тайёр бошед.
5 Ва ман ва тамоми қавме ки бо мананд, ба шаҳр наздик хоҳем шуд; ва ҳамин ки онҳо, мисли дафъаи аввал, ба пешвози мо берун оянд, мо аз пеши онҳо хоҳем гурехт.
6 Ва онҳо моро дунболагирӣ хоҳанд кард, то даме ки онҳоро аз шаҳр дур созем, ба тавре ки онҳо хоҳанд гуфт: „Мисли дафъаи аввал аз пеши мо мегурезанд“. Ва мо аз пеши онҳо хоҳем гурехт.
7 Он гоҳ шумо аз камингоҳи худ бархоста, шаҳрро забт намоед; ва Худованд Худои шумо онро ба дасти шумо хоҳад супурд.
8 Ва ҳамин ки шаҳрро мусаххар кардед, шаҳрро ба оташ бисӯзонед, бар тибқи каломи Худованд амал намоед; инак, шуморо амр фармудам».
9 Ва Еҳушаъ онҳоро фиристод, ва онҳо сӯи камингоҳ рафта, дар миёни Байт‐Ил ва Ой, аз тарафи ғарбии Ой ҷойгир шуданд; ва Еҳушаъ он шабро дар миёни қавм гузаронид.
10 Ва Еҳушаъ бомдодон бармаҳал бархоста, лашкарашро аз назар гузаронид; ва ӯ бо якҷоягии пирони Исроил пешопеши лашкар сӯи Ой равона шуд.
11 Ва ҳамаи мардони ҷангӣ, ки бо ӯ буданд, раҳсипор гардида, наздик омаданд ва ба маконе ки дар рӯ ба рӯи шаҳр буд, расиданд, ва аз тарафи шимолии Ой ӯрду заданд, дар сурате ки дар миёни онҳо ва Ой дарае буд.
12 Ва ӯ қариб панҷ ҳазор нафарро гирифта, дар миёни Байт‐Ил ва Ой, аз тарафи ғарбии Ой дар камин гузошт.
13 Ва қавмро, яъне тамоми ӯрдуеро, ки буданд, ба тарафи шимолии шаҳр, ва каминваронро ба тарафи ғарбии шаҳр ҷойгир карданд; ва Еҳушаъ он шаб ба миёни водӣ рафт.
14 Ва ҳангоме ки подшоҳи Ой инро дид, ӯ ва тамоми қавмаш, яъне мардуми шаҳр, шитоб намуда, бармаҳал бархостанд ва ба пешвози Исроил ба мавзеи муайяни пеши саҳро барои ҷанг баромаданд; вале ӯ намедонист, ки дар пушти шаҳр ба муқобили ӯ камин сохтаанд.
15 Ва Еҳушаъ ва тамоми Исроил худро пеши онҳо мағлуб вонамуд карда, бо роҳи биёбон гурехтанд.
16 Ва ҳамаи мардоне ки дар Ой буданд, ҷамъ омаданд, то ки онҳоро таъқиб намоянд, ва Еҳушаъро таъқиб намуда, аз шаҳр дур шуданд.
17 Ва дар Ой ва Байт‐Ил марде намонд, ки барои таъқиб кардани Исроил берун нарафта бошад; ва онҳо шаҳрро воз гузошта, Исроилро таъқиб карданд.
18 Ва Худованд ба Еҳушаъ гуфт: «Мизроқеро, ки дар дасти туст, сӯи Ой дароз кун, зеро ки онро ба дасти ту месупорам». Ва Еҳушаъ мизроқеро, ки дар дасташ буд, сӯи шаҳр дароз кард.
19 Ва каминварон зуд аз ҷои худ бархостанд ва, ҳамин ки ӯ дасташро дароз кард, давида ба шаҳр дохил шуданд ва онро забт карданд ва дарҳол шаҳрро оташ зада сӯзониданд.
20 Ва мардуми Ой ба ақиби худ назар андохта диданд, ки инак, дуди шаҳр ба осмон мебарояд; ва онҳоро маҷоли он набуд, ки ба ин тараф ё он тараф бигрезанд; ва қавме ки сӯи биёбон мегурехтанд, бар таъқибкунандагони худ баргаштанд.
21 Ва чун Еҳушаъ ва тамоми Исроил диданд, ки каминварон шаҳрро забт карданд, ва дуди шаҳр баланд шуд, онҳо баргашта, мардуми Ойро зарба задан гирифтанд.
22 Ва дигарон аз шаҳр ба пешвозашон баромаданд, ба тавре ки онҳо дар миёни исроилиён афтоданд: баъзе аз ин тараф ва баъзе аз он тараф буданд. Ва онҳоро зарба мезаданд, ба дараҷае ки як нафар ҳам аз онҳо боқӣ намонд ва натавонист бигрезад.
23 Ва подшоҳи Ойро зинда дастгир карданд, ва ӯро назди Еҳушаъ оварданд.
24 Ва ҳангоме ки исроилиён куштани ҳамаи сокинони Ойро дар саҳро ва дар биёбоне ки онҳоро дар он таъқиб мекарданд, ба охир расониданд, ба тавре ки ҳамаашон то ба охир ба дами шамшер афтоданд, он гоҳ тамоми Исроил ба Ой баргашта, аҳолии онро ба дами шамшер маҳв карданд.
25 Ва ҳамаи афтодагон дар он рӯз, аз мард то зан, яъне тамоми мардуми Ой, дувоздаҳ ҳазор нафар буданд.
26 Ва Еҳушаъ дасти худро, ки бо мизроқ дароз карда шуда буд, ақиб накашид, то даме ки ҳамаи сокинони Ойро маҳв намуд.
27 Фақат чорпоён ва ғанимати ин шаҳрро исроилиён барои худ тороҷ карданд, бар тибқи каломи Худованд, ки ба Еҳушаъ амр фармуда буд.
28 Ва Еҳушаъ Ойро сӯзонид, ва онро харобазори абадӣ гардонид, ки то имрӯз дар ҳамин ҳолат аст.
29 Ва подшоҳи Ойро ба дор овехта, то вақти шом боқӣ гузошт, ва баробари ғуруб кардани офтоб Еҳушаъ амр фармуд, ва лошаи варо аз дор фуроварда, дар даҳани дарвозаи шаҳр партофтанд, ва сангтӯдаи бузурге бар он барпо карданд, ки то имрӯз боқист.
Баракатҳо ва лаънатҳо бар кӯҳи Эбол.
30 Он гоҳ Еҳушаъ қурбонгоҳе барои Худованд Худои Исроил бар кӯҳи Эбол бино кард,
31 Чунон ки Мусо, бандаи Худованд, ба банӣ‐Исроил амр фармуда буд, ҳамон тавре ки дар китоби шариати Мусо навишта шудааст, яъне қурбонгоҳе аз сангҳои яклухт, ки бар онҳо олати оҳанин бардошта нашуда буд; ва қурбониҳои сӯхтанӣ барои Худованд бар он бароварданд, ва қурбониҳои саломатӣ забҳ карданд.
32 Ва дар он ҷо Еҳушаъ дар ҳузури банӣ‐Исроил бар сангҳо нусхаи шариати Мусоро навишт.
33 Ва тамоми Исроил, ва пиронашон, ва нозиронашон, ва доваронашон аз ҳар ду тарафи сандуқ, дар рӯ ба рӯи коҳинони левизодаи бардорандаи сандуқи аҳди Худованд рост истоданд, — ҳам ғарибон ва ҳам бумиён, — нисфашон назди кӯҳи Ҷаризим ва нисфашон назди кӯҳи Эбол, чунон ки Мусо, бандаи Худованд, амр фармуда буд, то ки қавми Исроилро дафъаи аввал баракат диҳад.
34 Ва пас аз он ҳамаи суханони шариат, яъне баракат ва лаънатро, чунон ки ҳамааш дар китоби шариат навишта шудааст, хонд.
35 Аз ҳар чи Мусо амр фармуда буд, сухане набуд, ки Еҳушаъ пеши тамоми ҷамоати Исроил, пеши занон ва кӯдакон ва ғарибоне ҳам, ки дар миёни онҳо буданд, нахонда бошад.
9БОБИ НӮҲУМ
Иттифоқ бо Ҷибъӯн.
1 Ва чун ҳамаи подшоҳони он тарафи Урдун, ки дар кӯҳ ва пастӣ ва тамоми соҳили баҳри Бузург то рӯ ба рӯи Лубнон буданд, яъне подшоҳони ҳиттиён ва амӯриён, канъониён, фариззиён, ҳиввиён ва ябусиён инро шуниданд,
2 Якҷоя ҷамъ шуданд, то ки бо Еҳушаъ ва қавми Исроил якдилона ҷанг кунанд.
3 Валекин сокинони Ҷибъӯн он чиро, ки Еҳушаъ дар ҳаққи Ериҳӯ ва Ой карда буд, шунида,
4 Айёрона рафтор карданд: рафта, худро мисли қосидон вонамуд сохтанд, ва хӯрҷинҳои фасурда бар харони худ ва машкҳои шароб, ки фасурда гардида ва дарида ва бо риштаҳо баста шуда буд, гирифтанд;
5 Ва бар пойҳошон кафшҳои фасурдаи ямоқӣ, ва бар танҳошон ҷомаҳои фасурда, ва тамоми нони тӯшаашон хушк ва пӯпанак бастагӣ буд.
6 Ва онҳо назди Еҳушаъ ба ӯрдугоҳи Ҷилҷол омада, ба ӯ ва ба исроилиён гуфтанд: «Мо аз кишвари дурдасте омадаем, ва алҳол бо мо аҳд бибандед».
7 Ва исроилиён ба ин ҳиввиён гуфтанд: «Шояд, шумо дар миёни мо сокин бошед, пас чӣ гуна мо метавонем бо шумо аҳд бибандем?»
8 Ва онҳо ба Еҳушаъ гуфтанд: «Мо бандагони ту ҳастем». Ва Еҳушаъ ба онҳо гуфт: «Шумо кистед ва аз куҷо омадаед?»
9 Ва онҳо ба ӯ гуфтанд: «Мо, бандагонат, аз кишвари дурдасте ба сабаби исми Худованд Худои ту омадаем, зеро овозаи Ӯ ва ҳар он чиро, ки Ӯ дар Миср кардааст, шунидаем,
10 Ва низ он чиро, ки Ӯ ба ду подшоҳи амӯриён, ки дар он тарафи Урдун буданд, яъне ба Сиҳӯн подшоҳи Ҳешбӯн ва Ӯҷ подшоҳи Бошон, ки дар Ашторӯт буд, кардааст;
11 Ва пирони мо ва ҳамаи сокинони кишвари мо ба мо сухан ронда, гуфтанд: „Тӯшаи роҳ ба дасти худ бигиред ва ба пешвози онҳо биравед, ва ба онҳо бигӯед, ки мо бандагони шумо ҳастем, ва алҳол бо мо аҳд бибандед“;
12 Ин нони мост, ки онро аз хонаҳои худ ҳамчун тӯшаи роҳ гарм гирифта будем дар он рӯзе ки баромадем, то ки назди шумо биёем, ва инак, ҳоло он хушк шуда, пӯпанак бастааст;
13 Ва ин машкҳои шароб, ки пур карда будем, нав буд, ва инак, даридааст; ва ин ҷомаҳо ва кафшҳои мо аз боиси он ки роҳ бағоят дур буд, фасурда гардидааст».
14 Ва мардум аз тӯшаи онҳо гирифта хӯрданд, вале раъйи Худовандро напурсиданд.
15 Ва Еҳушаъ бо онҳо сулҳ кард, ва бо онҳо аҳд баст, ки онҳоро зинда нигоҳ дорад; ва раисони ҷамоат ба онҳо қасам хӯрданд.
16 Ва баъд аз гузаштани се рӯз, ки бо онҳо аҳд баста буданд, шуниданд, ки онҳо аз мавзеи наздиканд ва дар миёнашон сокин мебошанд.
17 Ва банӣ‐Исроил равона шуда, дар рӯзи сеюм ба шаҳрҳои онҳо расиданд, ки ин шаҳрҳо буд: Ҷибъӯн, Кафира, Беэрӯт ва Қирьят‐Еорим.
18 Вале банӣ‐Исроил онҳоро накуштанд, зеро ки раисони ҷамоат барои онҳо ба Худованд Худои Исроил қасам хӯрда буданд; ва тамоми ҷамоат аз раисон норизогӣ карданд.
19 Ва ҳамаи раисон ба тамоми ҷамоат гуфтанд: «Мо барои онҳо ба Худованд Худои Исроил қасам хӯрдем, ва алҳол наметавонем ба онҳо осеб расонем;
20 Ба онҳо чунин рафтор хоҳем кард ва онҳоро зинда нигоҳ хоҳем дошт, ва бар мо барои қасаме ки барои онҳо хӯрдаем, ғазабе нахоҳад шуд».
21 Ва раисон ба онҳо гуфтанд: «Бигзор зинда монанд!» Ва онҳо барои тамоми ҷамоат ҳезумшикан ва обкаш гардиданд, чунон ки раисон ба онҳо гуфта буданд.
22 Ва Еҳушаъ онҳоро даъват намуд, ва ба онҳо сухан ронда, гуфт: «Чаро моро фиреб дода, гуфтед, ки „мо аз шумо бисьёр дур ҳастем“, ва ҳол он ки шумо дар миёни мо сокин мебошед?
23 Ва акнун шумо малъун ҳастед, ва аз миёни шумо ҳамеша ғуломон ва ҳезумкашон ва обкашон барои хонаи Худои ман хоҳанд буд».
24 Ва онҳо ба Еҳушаъ ҷавоб гардонида, гуфтанд: «Зеро ба бандагонат хабар расид, ки Худованд Худои ту ба бандаи Худ Мусо амр фармудааст, ки тамоми ин заминро ба шумо бидиҳад ва ҳамаи сокинони ин заминро аз пеши шумо маҳв намояд; ва аз ин рӯ мо аз шумо барои ҷонҳои худ бисьёр тарсидем, ва ин корро кардем.
25 Ва алҳол мо дар дасти ту ҳастем; ҳар гунае ки дар назари ту дуруст ва одилона бошад, ки ба мо амал намоӣ, он гуна амал намо».
26 Ва ӯ ба онҳо чунин амал намуд: онҳоро аз дасти банӣ‐Исроил халосӣ дод, ва онҳоро накуштанд.
27 Ва Еҳушаъ онҳоро дар он рӯз таъин намуд, ки барои ҷамоат ва барои қурбонгоҳи Худованд дар ҳар ҷое ки Ӯ ихтиёр кунад, ҳезумшикан ва обкаш бошанд, ва то имрӯз чунин ҳастанд.
10БОБИ ДАҲУМ
Еҳушаъ ибни Нун ғалабаи аҷоибе бар панҷ подшоҳ ба даст меоварад.
1 Ва чун Адӯнӣ‐Содақ, подшоҳи Ерусалим, шунид, ки Еҳушаъ Ойро забт намуда, торумор кардааст, яъне чӣ гунае ки бо Ериҳӯ ва подшоҳаш амал намуда буд, бо Ой ва подшоҳаш низ он гуна амал намудааст, ва сокинони Ҷибъӯн бо исроилиён сулҳ баста, дар миёни онҳо мондаанд, —
2 Онҳо бисьёр ҳаросон шуданд, зеро ки Ҷибъӯн, чун яке аз шаҳрҳои подшоҳнишин, бузург буд, ва аз Ой ҳам бузургтар буд, ва тамоми мардумаш далер буданд.
3 Пас Адӯнӣ‐Содақ, подшоҳи Ерусалим, назди Ҳӯҳом, подшоҳи Ҳебрӯн, ва Фиръом, подшоҳи Ярмут, ва Ёфиа, подшоҳи Лохиш, ва Дабир, подшоҳи Эҷлӯн, фиристода, гуфт:
4 «Назди ман омада, ба ман мадад диҳед, то ки Ҷибъӯнро зарба занем, зеро ки вай бо Еҳушаъ ва банӣ‐Исроил сулҳ бастааст».
5 Ва панҷ подшоҳи амӯриён: подшоҳи Ерусалим, подшоҳи Ҳебрӯн, подшоҳи Ярмут, подшоҳи Лохиш ва подшоҳи Эҷлӯн ҷамъ шуда, баромаданд, яъне худашон ва тамоми лашкарашон назди Ҷибъӯн ӯрду заданд, то ки бар зидди вай ҷанг кунанд.
6 Ва мардуми Ҷибъӯн назди Еҳушаъ ба ӯрдугоҳи Ҷилҷол фиристода, гуфтанд: «Дасти худро аз бандагонат боз надор, балки зуд назди мо омада, моро наҷот деҳ ва ба мо мадад кун, зеро ки ҳамаи подшоҳони амӯриёни кӯҳнишин бар зидди мо ҷамъ шудаанд».
7 Ва Еҳушаъ аз Ҷилҷол баромад, худаш ва ҳамроҳи ӯ тамоми қавми ҷанговар, ва ҳамаи мардони ҷангӣ.
8 Ва Худованд ба Еҳушаъ гуфт: «Аз онҳо натарс, зеро ки онҳоро ба дасти ту супурдаам: ҳеҷ яке аз онҳо наметавонад пеши ту истодагӣ намояд».
9 Ва Еҳушаъ, тамоми шаб аз Ҷилҷол роҳ паймуда, ногаҳон назди онҳо пайдо шуд.
10 Ва Худованд онҳоро пеши Исроил ошуфта кард, ва ба онҳо дар Ҷибъӯн зарбаи азим расониданд, ва онҳоро дар роҳи фарози Байт‐Ҳӯрӯн таъқиб карданд, ва то Азеқо ва Маққедо онҳоро торумор сохтанд.
11 Ва ҳангоме ки онҳо аз пеши Исроил мегурехтанд, дар сурате ки дар нишебии Байт‐Хӯрӯн буданд, — Худованд бар онҳо аз осмон то Азеқо сангҳои бузург мепартофт, ва онҳо мемурданд; онҳое ки аз сангҳои тагарг мурданд, зиёдтар буданд аз онҳое ки банӣ‐Исроил ба шамшер куштанд.
12 Он гоҳ Еҳушаъ, дар рӯзе ки Худованд амӯриёнро ба дасти банӣ‐Исроил супурд, ба исми Худованд сухан ронда, дар пеши исроилиён гуфт:
«Эй офтоб, бар Ҷибъӯн биист,
ва эй моҳ, — бар водии Аёлӯн!»
13 Ва офтоб истод, ва моҳ таваққуф намуд, то даме ки халқ аз душманони худ интиқом гирифтанд; ин, охир, дар китоби Ёшор навишта шудааст; ва офтоб дар миёнҷои осмон истод, ва қариб рӯзи дароз ба ғуруб кардан нашитофт.
14 Ва на пеш аз он ва на баъд аз он рӯзе мисли ин воқеъ нашудааст, ки Худованд овози одамизодро шунида бошад, зеро ки Худованд барои Исроил меҷангид.
15 Ва Еҳушаъ, ва ҳамроҳи ӯ тамоми Исроил, ба ӯрдугоҳи Ҷилҷол баргаштанд.
16 Вале он панҷ подшоҳ гурехта, дар мағораи назди Маққедо пинҳон шуданд.
17 Ва ба Еҳушаъ хабар расонида, гуфта шуд: «Он панҷ подшоҳ ёфт шуданд, дар ҳолате ки дар мағораи назди Маққедо пинҳон мебошанд».
18 Ва Еҳушаъ гуфт: «Сангҳои бузурге ба даҳани мағора биғелонед ва одамонро назди он таъин намоед, то ки посбонӣ кунанд;
19 Вале шумо таваққуф накарда, душманони худро таъқиб намоед ва касони дар қафои онҳо бударо маҳв созед; онҳоро нагузоред, ки ба шаҳрҳои худ дохил шаванд, зеро ки Худованд Худои шумо онҳоро ба дасти шумо супурдааст».
20 Ва чун Еҳушаъ ва банӣ‐Исроил ба онҳо зарбаи бағоят бузурге расонида, онҳоро тамоман несту нобуд карданд, ва растагороне ки аз онҳо боқӣ монда буданд, ба шаҳрҳои ҳисордор дохил шуданд,
21 Он гоҳ тамоми қавм ба ӯрдугоҳ назди Еҳушаъ, ки дар Маққедо буд, ба саломатӣ баргаштанд, ва касе забонашро бароварда, ба муқобили ҳеҷ яке аз банӣ‐Исроил сухане наронд.
22 Ва Еҳушаъ гуфт: «Даҳани мағораро бикшоед ва он панҷ подшоҳро аз мағора назди ман берун оваред».
23 Ва чунин карданд, ва он панҷ подшоҳ: подшоҳи Ерусалим, подшоҳи Ҳебрӯн, подшоҳи Ярмут, подшоҳи Лохиш ва подшоҳи Эҷлӯнро аз мағора назди ӯ берун оварданд.
24 Ва ҳангоме ки он подшоҳонро назди Еҳушаъ берун оварданд, Еҳушаъ ҳамаи исроилиёнро хонд, ва ба саркардагони мардони ҷангӣ, ки бо ӯ мерафтанд, гуфт: «Наздик омада, пойҳои худро бар гардани ин подшоҳон бимонед». Ва наздик омада, пойҳои худро бар гардани онҳо монданд.
25 Ва Еҳушаъ ба онҳо гуфт: «Натарсед ва ҳаросон нашавед; кавӣ ва далер бошед, зеро Худованд ба ҳамаи душманонатон, ки шумо бо онҳо меҷангед, чунин хоҳад кард».
26 Ва пас аз ин Еҳушаъ онҳоро зада кушт ва бар панҷ дор овехт; ва то шом онҳо бар дорҳо овезон буданд.
27 Ва дар вақти ғуруби офтоб Еҳушаъ амр фармуд, ва онҳоро аз дорҳо фуроварда, ба мағорае ки дар он пинҳон шуда буданд, партофтанд, ва дар даҳани мағора сангҳои калон гузоштанд, ки ин то имрӯз боқист.
28 Ва дар он рӯз Еҳушаъ Маққедоро забт намуда, аҳолии он ва подшоҳи онро ба дами шамшер кушт, — он ва ҳар ҷондореро, ки дар он буд, несту нобуд карда, растагореро боқӣ нагузошт; ва ба подшоҳи Маққедо ончунон амал кард, ки ба подшоҳи Ериҳӯ карда буд.
29 Ва Еҳушаъ, дар сурате ки тамоми Исроил бо ӯ буданд, аз Маққедо ба Либно гузашта, бо Либно ҷанг кард.
30 Ва Худованд онро низ бо якҷоягии подшоҳи он ба дасти Исроил супурд; ва он ва ҳар ҷондореро, ки дар он буд, ба дами шамшер кушт, ва растагореро дар он боқӣ нагузошт; ва ба подшоҳаш ончунон амал кард, ки ба подшоҳи Ериҳӯ карда буд.
31 Ва Еҳушаъ, дар сурате ки тамоми Исроил бо ӯ буданд, аз Либно ба Лохиш гузашт, ва назди он ӯрду зада, бо он ҷанг кард.
32 Ва Худованд Лохишро ба дасти Исроил супурд, ва онро дар рӯзи дуюм забт намуда, он ва ҳар ҷондореро, ки дар он буд, торумор кард, чунон ки ба Либно амал карда буд.
33 Он гоҳ Ҳӯром подшоҳи Ҷозар ба мадади Лохиш баромад, вале Еҳушаъ ӯ ва қавми ӯро торумор кард, ба дараҷае ки растагореро дар ӯ боқӣ нагузошт.
34 Ва Еҳушаъ, дар сурате ки тамоми Исроил бо ӯ буданд, аз Лохиш ба Эҷлӯн гузашт, ва назди он ӯрду зада, бар зидди он ҷанг карданд.
35 Ва дар он рӯз онро забт карда, аҳолии онро ба дами шамшер куштанд, ва ҳар ҷондореро, ки дар он буд, дар он рӯз несту нобуд кард, чунон ки ба Лохиш карда буд.
36 Ва Еҳушаъ, дар сурате ки тамоми Исроил бо ӯ буданд, аз Эҷлӯн ба Ҳебрӯн гузашт, ва бар зидди он ҷанг карданд.
37 Ва онро забт намуда, он ва подшоҳи он, ва ҳамаи шаҳрҳои он ва ҳар ҷондореро, ки дар он буд, ба дами шамшер куштанд; растагореро боқӣ нагузошт, чунон ки ба Эҷлӯн карда буд; ва он ва ҳар ҷондореро, ки дар он буд, несту нобуд кард.
38 Ва Еҳушаъ, дар сурате ки тамоми Исроил бо ӯ буданд, ба Дабир рӯ овард, ва бар зидди он ҷанг кард.
39 Ва он ва подшоҳи он ва ҳамаи шаҳрҳои онро забт намуд; ва онҳоро ба дами шамшер куштанд, ва ҳар ҷондореро, ки дар он буд, несту нобуд карданд; растагореро боқӣ нагузошт; ба Дабир ва подшоҳи он ончунон амал кард, чунон ки ба Ҳебрӯн карда буд, ва чунон ки ба Либно ва подшоҳи он карда буд.
40 Ва Еҳушаъ тамоми он заминро: кӯҳистон ва ҷануб ва пастӣ ва нишебиҳо, ва ҳамаи подшоҳони онҳоро торумор карда, растагореро боқӣ нагузошт; ва ҳар ҷондорро несту нобуд кард, чунон ки Худованд Худои Исроил амр фармуда буд.
41 Ва онҳоро Еҳушаъ аз Қодеш‐Барнеа то Ғазза, ва тамоми замини Ҷӯшанро то Ҷибъӯн торумор кард.
42 Ва ҳамаи ин подшоҳон ва заминашонро Еҳушаъ якбора забт намуд, зеро ки Худованд Худои Исроил барои Исроил меҷангид.
43 Ва Еҳушаъ, дар сурате ки тамоми Исроил бо ӯ буданд, ба ӯрдугоҳи Ҷилҷол баргашт.
11БОБИ ЁЗДАҲУМ
Истилои қатъии Канъон.
1 Ва ҳангоме ки Ёбин, подшоҳи Ҳосӯр, инро шунид, назди Юбоб, подшоҳи Модӯн, ва назди подшоҳи Шимрӯн, ва назди подшоҳи Акшоф фиристод,
2 Ва назди подшоҳоне ки ба тарафи шимол дар кӯҳистон ва дар саҳрои ҷануби Кинерӯт, ва дар пастӣ, ва дар Нофӯт‐Дӯр ба тарафи ғарб буданд;
3 Ва назди канъониён, ки ба тарафи шарқ ва ғарб буданд, ва назди амӯриён ва ҳиттиён ва фариззиён ва ябусиён, ки дар кӯҳистон буданд, ва назди ҳиввиён, ки ба зери Ҳермӯн дар замини Мисфо буданд.
4 Ва онҳо, ва бо онҳо ҳамаи лашкарҳошон, ки қавми сершумор буданд, ва дар сершуморӣ мисли реги лаби дарьё буданд, ва аспу аробаҳои бағоят бисьёр доштанд, берун омаданд.
5 Ва ҳамаи ин подшоҳон ҷамъ шуданд, ва омада, назди обҳои Мерӯм якҷоя ӯрду заданд, то ки бо Исроил ҷанг кунанд.
6 Ва Худованд ба Еҳушаъ гуфт: «Аз онҳо натарс, зеро ки фардо дар чунин вақт, Ман ҳамаи онҳоро барои торумор кардани Исроил хоҳам супурд; аспҳои онҳоро пай бикун, ва аробаҳои онҳоро ба оташ бисӯзон».
7 Ва Еҳушаъ, дар сурате ки тамоми қавми ҷанговар бо ӯ буданд, ногаҳон назди обҳои Мерӯм дар рӯ ба рӯи онҳо пайдо шуд, ва бар онҳо ҳуҷум карданд.
8 Ва Худованд онҳоро ба дасти Исроил супурд, ва онҳоро зарба заданд, ва онҳоро то Сидӯн‐Рабба ва то Мисрефӯт‐Маим ва то водии Мисфо ба тарафи шарқ таъқиб карданд, ва онҳоро торумор сохтанд, ба дараҷае ки растагоре аз онҳо боқӣ намонд.
9 Ва Еҳушаъ ба онҳо ончунон амал намуд, ки Худованд ба ӯ гуфта буд: аспҳошонро пай кард ва аробаҳошонро ба оташ сӯзонид.
10 Ва Еҳушаъ дар айни замон баргашта, Ҳосӯрро забт намуд, ва подшоҳи онро бо шамшер кушт, зеро ки Ҳосӯр пештар сари ҳамаи ин мамлакатҳо буд.
11 Ва ҳар ҷондореро, ки дар он буд, ба дами шамшер кушта, несту нобуд карданд; як нафар ҳам аз онҳо боқӣ намонд; ва Ҳосӯрро ба оташ сӯзонид.
12 Ва ҳамаи шаҳрҳои ин подшоҳонро Еҳушаъ забт намуд, ва ҳамаи подшоҳони онҳоро ба дами шамшер кушта, несту нобуд кард, чунон ки Мусо, бандаи Худованд, амр фармуда буд.
13 Аммо ҳамаи шаҳрҳои бар талҳо истодаро исроилиён насӯзониданд, ғайр аз Ҳосӯр, ки фақат онро Еҳушаъ сӯзонид.
14 Ва тамоми ғанимати ин шаҳрҳо ва чорпоёнро банӣ‐Исроил барои худ тороҷ карданд; фақат ҳамаи одамонро ба дами шамшер куштанд, то ба дараҷае ки онҳоро тамоман несту нобуд карда, як нафар ҳам боқӣ нагузоштанд.
15 Чунон ки Худованд ба бандаи Худ Мусо амр фармуда буд, ончунон Мусо ба Еҳушаъ амр фармуд, ва Еҳушаъ ончунон амал намуд: аз ҳар амре ки Худованд ба Мусо фармуда буд, чизеро ботил нанамуд.
16 Ва Еҳушаъ тамоми ин заминро: кӯҳистон ва тамоми ҷануб ва тамоми замини Ҷӯшан, ва пастӣ, ва саҳро, ва кӯҳи Исроил ва пастии онро гирифт:
17 Аз кӯҳи Ҳолок, ки сӯи Сеир баланд шуда меравад, то Баал‐Ҷод, ки дар водии Лубнон, зери кӯҳи Ҳермӯн аст; ва ҳамаи подшоҳони онҳоро дастгир намуда, зарба зад ва кушт.
18 Айёми дуру дароз Еҳушаъ бо ҳамаи ин подшоҳон ҷанг кард.
19 Шаҳре набуд, ки бо банӣ‐Исроил сулҳ баста бошад, ҷуз аз ҳиввиёне ки дар Ҷибъӯн сокин буданд; ҳамаро бо ҷанг гирифтанд.
20 Зеро аз ҷониби Худованд буд, ки дили онҳоро сахт кунад, то ки онҳо Исроилро бо ҷанг пешвоз гирифта, худашон несту нобуд шаванд, бе он ки нисбат ба онҳо шафқат нишон дода шавад, балки онҳоро тамоман маҳв созанд, чунон ки Худованд ба Мусо амр фармуда буд.
21 Ва Еҳушаъ дар айни замон омада, аноқиёнро аз кӯҳистон: аз Ҳебрӯн, Дабир ва Аноб, ва аз ҳамаи кӯҳҳои Яҳудо, ва аз ҳамаи кӯҳҳои Исроил маҳв намуд; онҳоро Еҳушаъ бо якҷоягии шаҳрҳошон несту нобуд кард.
22 Дар замини банӣ‐Исроил касе аз аноқиён боқӣ намонд; фақат дар Ғазза, Ҷат ва Ашдӯд боқӣ монданд.
23 Ва Еҳушаъ тамоми заминро бар тибқи ҳар он чи Худованд ба Мусо гуфта буд, мусаххар намуд, ва Еҳушаъ онро ба исроилиён мувофиқи тақсимоти сибтҳошон ба моликият бахшид; ва замин аз ҷанг ором ёфт.
12БОБИ ДУВОЗДАҲУМ
Номгӯи подшоҳоне ки зердаст шуданд.
1 Ва инҳоянд подшоҳони он замин, ки банӣ‐Исроил торумор карда, заминашонро дар он тарафи Урдун ба самти тулӯи офтоб, аз водии Арнӯн то кӯҳи Ҳермӯн ва тамоми саҳрои шарқӣ ба тасарруфи худ дароварданд:
2 Сихӯн, подшоҳи амӯриён, ки дар Ҳешбӯн сокин буд, ва аз Арӯэр, ки дар канори водии Арнӯн аст, ва андаруни водӣ ва нисфи Ҷилъод то водии Яббӯқ, ки дар сарҳади банӣ‐Аммӯн аст, салтанат меронд,
3 Ва дар саҳро низ то баҳри Кинерӯт ба тарафи шарқ, ва то баҳри биёбон, яъне баҳри Намак, ба тарафи шарқ ба роҳи Байт‐Ешимӯт, ва аз ҷануб — зери нишебиҳои Фисҷа,
4 То сарҳади Ӯҷ, подшоҳи Бошон, ки вай аз бақияи рафоиён буда, дар Ашторӯт ва Эдрей сукунат дошт,
5 Ва дар кӯҳи Ҳермӯн ва Салхо ва тамоми Бошон, то сарҳади ҷашуриён ва маъхотиён, ва дар нисфи Ҷилъод, то сарҳади Сиҳӯн, подшоҳи Ҳешбӯн, салтанат меронд.
6 Мусо, бандаи Худованд, ва банӣ‐Исроил онҳоро зарба заданд; ва онро Мусо, бандаи Худованд, ба реубениён ва ҷодиён ва нисфи сибти Менашше ба моликият бахшид.
7 Ва инҳоянд подшоҳони он замин, ки Еҳушаъ ва банӣ‐Исроил онҳоро дар он тарафи Урдун ба самти ғарб, аз Баал‐Ҷод дар водии Лубнон то кӯҳи Ҳолоқ, ки сӯи Сеир баланд шуда меравад, торумор карданд, ва Еҳушаъ онро ба сибтҳои Исроил мувофиқи тақсимоташон ба моликият бахшид, —
8 Дар кӯҳистон ва пастӣ ва саҳро ва нишебиҳо ва биёбон ва дар ҷануб — ҳиттиён, амӯриён ва канъониён, фариззиён, ҳиввиён ва ябусиён:
9 Як подшоҳи Ериҳӯ; як подшоҳи Ой, ки дар наздикии Байт‐Ил аст;
10 Як подшоҳи Ерусалим; як подшоҳи Ҳебрӯн;
11 Як подшоҳи Ярмут; як подшоҳи Лохиш;
12 Як подшоҳи Эҷлӯн; як подшоҳи Ҷозар;
13 Як подшоҳи Дабир; як подшоҳи Ҷодар;
14 Як подшоҳи Ҳормо; як подшоҳи Арод;
15 Як подшоҳи Либно; як подшоҳи Адуллом;
16 Як подшоҳи Маққедо; як подшоҳи Байт‐Ил;
17 Як подшоҳи Тафуҳа; як подшоҳи Ҳефар;
18 Як подшоҳи Афиқ; як подшоҳи Лашшорӯн;
19 Як подшоҳи Модӯн; як подшоҳи Ҳосӯр;
20 Як подшоҳи Шимрӯн‐Марӯн; як подшоҳи Акшоф;
21 Як подшоҳи Таънок; як подшоҳи Маҷиддӯ;
22 Як подшоҳи Қодеш; як подшоҳи Ёқенъом дар Кармил;
23 Як подшоҳи Дӯр дар Нофат‐Дӯр; як подшоҳи ҷӯим дар Ҷилҷол;
24 Як подшоҳи Тирсо; ҷамъи подшоҳон сию як нафар.
13БОБИ СЕЗДАҲУМ
Худованд ба Еҳушаъ ибни Нун дар бораи тақсимоти замин дастурот медиҳад.
1 Ва Еҳушаъ пир ва солхӯрда шуд, ва Худованд ба ӯ гуфт: «Ту пир ва солхӯрда шудаӣ, ва ҳанӯз замини бағоят бисьёр барои тасарруф кардан боқист.
2 Ин аст замине ки боқӣ мондааст: ҳамаи ноҳияҳои фалиштиён ва ҳамаи ҷашуриён,
3 Аз Шиҳӯр, ки дар рӯ ба рӯи Миср аст, то сарҳади Эқрӯн ба самти шимол, ки аз они Канъон ба шумор меравад; панҷ ҳокими фалиштиён: аз они Ғазза, аз они Ашдӯд, аз они Ашқалӯн, аз они Ҷат, аз они Эқрӯн ва аз они аввиён;
4 Аз ҷануб тамоми замини канъониён, ва Маоро, ки аз они сидӯниён аст, то Афиқ ва то сарҳади амӯриён;
5 Ва кишвари Ҷабал, ва тамоми Лубнон ба самти тулӯи офтоб, аз Баал‐Ҷод, ки дар домани кӯҳи Ҳермӯн аст, то даромадгоҳи Ҳамот.
6 Ҳамаи сокинони кӯҳистонро аз Лубнон то Мисрефӯт‐Маим, яъне ҳамаи сидӯниёнро Ман аз пеши банӣ‐Исроил бадар хоҳам ронд; лекин ту онро ба исроилиён қуръа партофта барои моликият тақсим намо, чунон ки ба ту амр фармудаам.
7 Ва алҳол ин заминро ба нӯҳ сибт ва нисфи сибти Менашше барои моликият тақсим намо».
8 Бо нисфи дигари ин сибт сибтҳои Реубен ва Ҷод моликияти худро гирифтаанд: онро Мусо ба онҳо дар он тарафи Урдун, ба самти шарқ, додааст, чунон ки Мусо, бандаи Худованд, онро ба онҳо бахшида буд,
9 Аз Арӯэр, ки дар канори водии Арнӯн аст, ва шаҳре ки андаруни водӣ мебошад, ва тамоми дашт аз Мидбо то Дибӯн,
10 Ва ҳамаи шаҳрҳои Сиҳӯн, подшоҳи амӯриён, ки дар Ҳешбӯн подшоҳӣ мекард, то сарҳади банӣ‐Аммӯн,
11 Ва Ҷилъод ва замини ҷашуриён ва маъхотиён ва тамоми кӯҳи Ҳермӯн ва тамоми Бошон то Салхо;
12 Тамоми мамлакати Ӯҷи бошонӣ, ки дар Ашторӯт ва Эдрей подшоҳӣ мекард, — ӯ аз бақияи рафоиён буд, ва онҳоро Мусо зарба зада, бадар ронда буд.
13 Валекин банӣ‐Исроил ҷашуриён ва маъхогиёнро бадар наронданд; ва ҷашуриён ва маъхотиён то имрӯз дар миёни исроилиён сукунат доранд.
14 Фақат ба сибти Левӣ ӯ моликияте набахшид: қурбониҳои Худованд Худои Исроил моликияти ӯст, чунон ки ба ӯ гуфта буд.
15 Ва Мусо ба хонадони банӣ‐Реубен мувофиқи қабилаҳои онҳо дод,
16 Ва худуди онҳо аз Арӯэр буд, ки дар канори водии Арнӯн аст, ва шаҳре ки андаруни водӣ мебошад, ва тамоми дашт то Мидбо,
17 Ҳешбӯн ва ҳамаи шаҳрҳояш, ки дар дашт воқеъ аст: Дибӯн ва Бомӯт‐Баал ва Байт‐Баал‐Маӯн,
18 Ва Яҳсо ва Қадимӯт ва Мифоат,
19 Ва Қирьётоим ва Сибмо ва Сорат‐Шаҳар, ки дар кӯхи Эмак аст,
20 Ва Байт‐Фаӯр ва домани Фисҷа ва Байт‐Ешимӯт,
21 Ва ҳамаи шаҳрҳои дашт ва тамоми мамлакати Сихӯн, подшоҳи амӯриён, ки дар Ҳешбӯн подшоҳӣ мекард, ва Мусо ӯ ва раисони Мидьёнро: Эвӣ ва Роқам ва Сур ва Ҳур ва Робаъро, ки ин мирони Сиҳӯн дар он замин сокин буданд, маҳв намуда буд;
22 Ва Билъом ибни Баӯрро, ки ҷодугар буд, банӣ‐Исроил дар миёни куштагони худ кушта буданд.
23 Ва сарҳади банӣ‐Реубен Урдун ва ҳудуди он буд; ҳамин аст моликияти банӣ‐Реубен мувофиқи қабилаҳои онҳо, яъне шаҳрҳо бо деҳоти онҳо.
24 Ва Мусо ба хонадони Ҷод, яъне ба банӣ‐Ҷод, мувофиқи қабилаҳои онҳо бахшид,
25 Ва ҳудуди онҳо чунин буд: Яъзир ва ҳамаи шаҳрҳои Ҷилъод ва нисфи замини банӣ‐Аммӯн то Арӯэр, ки дар рӯ ба рӯи Рабба мебошад;
26 Ва аз Ҳешбӯн то Ромот‐Мисфо ва Батӯним, ва аз Маҳаноим то сарҳади Дабир;
27 Ва дар водӣ: Байт‐Ҳором ва Байт‐Нимро ва Суккӯт ва Софӯн, бақияи мамлакати Сиҳӯн, подшоҳи Ҳешбӯн, Урдун ва ҳудуди он, то канори баҳри Кинерет, дар он тарафи Урдун ба самти шарқ;
28 Ҳамин аст моликияти банӣ‐Ҷод мувофиқи қабилаҳои онҳо, яъне шаҳрҳо бо деҳоти онҳо.
29 Ва Мусо ба нисфи сибти Менашше бахшид, ва ин барои нисфи хонадони банӣ‐Менашше мувофиқи қабилаҳои онҳо буд,
30 Ва ҳудуди онҳо чунин буд: аз Маҳаноим тамоми Бошон, тамоми мамлакати Ӯҷ, подшоҳи Бошон, ва тамоми деҳоти Ёир, ки дар Бошон аст, шаст шаҳр.
31 Ва нисфи Ҷилъод, ва Ашторӯт ва Эдрей, шаҳрҳои мамлакати Ӯҷ дар Бошон, барои писарони Мокир ибни Менашше, барои нисфи банӣ‐Мокир мувофиқи қабилаҳон онҳо буд.
32 Ҳамин аст моликияте ки Мусо дар саҳрои Мӯоб, аз он тарафи Урдун назди Ериҳӯ ба самти шарқ бахшида буд.
33 Вале ба сибти Левӣ Мусо ҳеҷ мулке надодааст: Худованд Худои Исроил мулки онҳост, чунон ки Ӯ ба онҳо гуфтааст.
14БОБИ ЧОРДАҲУМ
Тақсимоти замин; ҳиссаи Колеб.
1 Ва инҳост моликияте ки банӣ‐Исроил дар замини Канъон гирифтанд, ки онро ба онҳо Элъозори коҳин ва Еҳушаъ ибни Нун ва сарнаслҳои хонадонҳои банӣ‐Исроил тақсим карданд.
2 Моликияти онҳо барои нӯҳ хонадон ва нисфи хонадон мувофиқи қуръа тақсим карда шуд, чунон ки Худованд ба воситаи Мусо амр фармуда буд.
3 Зеро ки Мусо моликияти ду хонадон ва нисфи хонадонро аз он тарафи Урдун дода буд, вале ба левизодагон дар миёни онҳо моликият надода буд;
4 Зеро ки банӣ‐Юсуф ду хонадон буданд: Менашше ва Эфроим; ва онҳо ба левизодагон дар замин ҳеҷ ҳиссае надоданд, балки фақат шаҳрҳоро барои сукунаташон ва ҳаволии онҳоро барои чорво ва молашон.
5 Чунон ки Худованд ба Мусо амр фармуда буд, банӣ‐Исроил ончунон амал намуда, заминро тақсим карданд.
6 Ва банӣ‐Яҳудо дар Ҷилҷол назди Еҳушаъ омаданд, ва Колеб ибни Ефуннеи қеназзӣ ба ӯ гуфт: «Суханеро, ки Худованд ба Мусо, марди Худо, дар бораи ман ва дар бораи ту дар Қодеш‐Барнеа гуфта буд, ту медонӣ;
7 Ман чилсола будам, вақте ки Мусо, бандаи Худованд, маро аз Қодеш‐Барнеа барои ҷосусии замин фиристод, ва ман ба ӯ ҷавобе гардондам, чунон ки дар дилам буд;
8 Вале бародаронам, ки бо ман рафта буданд, дар дили қавм воҳима андохтанд, ва ҳол он ки ман Худованд Худои худро ба куллӣ пайравӣ намудам;
9 Ва дар он рӯз Мусо қасам хӯрда, гуфт: „Ҳатман замине ки қадамат ба он расидааст, барои ту ва фарзандонат моликияти абадӣ хоҳад шуд, зеро ки ту Худованд Худои худро ба куллӣ пайравӣ намудаӣ“;
10 Ва алҳол, инак Худованд, чунон ки гуфта буд, ин чилу панҷ сол боз маро зинда нигоҳ доштааст, аз он замоне ки Худованд ин суханро ба Мусо гуфта буд, яъне аз замоне ки исроилиён дар биёбон роҳ мепаймуданд, ва алҳол инак ман имрӯз ҳаштоду панҷсола ҳастам;
11 Имрӯз ман ҳанӯз бақувват ҳастам, мисли он рӯзе ки Мусо маро фиристода буд; чунон ки кувватам он вақт буд, ончунон алҳол кувватам ҳаст, хоҳ барои ҷанг кардан ва хоҳ барои берун рафтан ва омадан;
12 Ва алҳол ту ин кӯҳистонро ба ман бидеҳ, ки дар он рӯз Худованд дар бораи он гуфта буд; зеро ту дар он рӯз шунидӣ, ки аноқиён он ҷо ҳастанд, ва шаҳрҳояш бузург ва ҳисордор аст; шояд, Худованд бо ман бошад, ва ман онҳоро бадар ронам, чунон ки Худованд гуфтааст».
13 Ва Еҳушаъ ӯро баракат дод, ва Ҳебрӯнро ба Колеб ибни Ефунне ҳамчун моликият бахшид.
14 Бинобар ин Ҳебрӯн то имрӯз моликияти Колеб ибни Ефуннеи қеназзӣ шудааст, чунки ӯ Худованд Худои Исроилро ба куллӣ пайравӣ намудааст.
15 Ва номи Ҳебрӯн пештар Қирьят‐Арбаъ буд, ки ӯ одами бузургтарин дар миёни аноқиён буд. Ва замин аз ҷанг ором ёфт.
15БОБИ ПОНЗДАҲУМ
Мулки Яҳудо ва сарҳадҳои он.
1 Ва қуръа барои хонадони банӣ‐Яҳудо, мувофиқи қабилаҳои онҳо, назди сарҳади Адӯм, яъне биёбони Син, ба тарафи ҷануб, аз охири ҷануб афтод.
2 Ва сарҳади ҷанубии онҳо аз охири баҳри Намак, аз халиҷе ки ба тарафи ҷануб паҳн шуда меравад, буд.
3 Ва дар ҷануб он сӯи баландии Ақрабим берун омада, ба Син мегузашт, ва аз тарафи ҷанубӣ ба Қодеш‐Барнеа баромада, аз Ҳесрӯн мегузашт, ва ба Аддоро баромада, ба самти Қарқоъ мегашт.
4 Ва аз Асмӯн гузашта, ба водии Миср берун меомад, ва интиҳои ин ҳудуд баҳр буд; ин сарҳади ҷанубии шумо хоҳад буд.
5 Ва сарҳади шарқӣ баҳри Намак то охири Урдун буд; ва сарҳади тарафи шимол аз халиҷи баҳр, аз резишгоҳи Урдун буд.
6 Ва сарҳад сӯи Байт‐Ҳоҷло баромада, аз шимоли Байт‐Аробо мегузашт; ва сарҳад сӯи санги Бӯҳан, писари Реубен, мебаромад.
7 Ва сарҳад аз водии Охӯр сӯи Дабир мебаромад, ва дар шимол ба тарафи Ҷилҷол мегашт, ки он дар рӯ ба рӯи Маале‐Адумим, дар ҷануби водӣ воқеъ буд; ва сарҳад аз пеши обҳои Эйн‐Шемеш мегузашт, ва интиҳои он назди Эйн‐Рӯҷил буд.
8 Ва сарҳад сӯи дараи Бен‐Ҳиннӯм, аз ҷануби барҷастагии Ябусӣ, ки Ерусалим бошад, мебаромад; ва сарҳад сӯи қуллаи кӯҳ мебаромад, ки он ба самти ғарб дар рӯ ба рӯи дараи Ҳиннӯм ва ба самти шимол дар охири водии Рафоим воқеъ буд.
9 Ва сарҳад аз қуллаи кӯҳ сӯи чашмаи обҳои Нефтӯҳа гашта, назди шаҳрҳои кӯҳи Эфрӯн берун меомад; ва сарҳад сӯи Баал, ки Қирьят‐Еорим бошад, мегашт.
10 Ва сарҳад аз Баал ба самти ғарб сӯи кӯҳи Сеир мегашт, ва аз тарафи шимол сӯи барҷастагии кӯҳи Еорим, ки Касолӯн бошад, мегузашт, ва сӯи Байт‐Шемеш фурӯд омада, аз Тимно мегузашт.
11 Ва сарҳад ба тарафи шимол сӯи барҷастагии Эқрӯн берун меомад; ва сарҳад ба самти Шикрӯн мегашт, ва аз кӯҳи Баал гузашта, назди Ябнаил берун меомад; ва интиҳои сарҳад баҳр буд.
12 Ва сарҳади ғарбӣ баҳри Бузург буд; ва ин аст ҳудуди банӣ‐Яҳудо аз ҳар тараф мувофиқи қабилаҳои онҳо.
13 Ва ба Колеб ибни Ефунне, бар тибқи он чи Худованд ба Еҳушаъ гуфта буд, ӯ дар миёни банӣ‐Яҳудо ҳиссае, яъне падари аноқиён Қирьят‐Арбаъро дод, ки Ҳебрӯн бошад.
14 Ва Колеб се писари Аноқ: Шешай, Аҳиман ва Талмайро, ки зодагони Аноқ буданд, аз он ҷо бадар ронд.
15 Ва аз он ҷо бар зидди сокинони Дабир баромад; ва номи Дабир пештар Қирьят‐Сефер буд.
16 Ва Колеб гуфт: «Касе ки ба Қирьят‐Сефер шикаст расонад ва онро бигирад, духтари худ Аксоро ба вай ба занӣ хоҳам дод».
17 Ва Отниил ибни Қеназ, додари Колеб, онро гирифт, ва ӯ духтари худ Аксоро ба вай ба занӣ дод.
18 Ва чун духтар назди вай омад, варо моил намуд, ки ӯ аз падари худ киштзоре биталабад, ва ӯ аз болои хар фурӯд омад; ва Колеб ба ӯ гуфт: «Ту чӣ мехоҳӣ?»
19 Ва ӯ гуфт: «Ба ман баракате бидеҳ, зеро ки замини ҷанубиро ту ба ман додаӣ, пас чашмаҳои обро ҳам ба ман бидеҳ». Ва Колеб чашмаҳои боло ва чашмаҳои поёнро ба ӯ дод.
20 Ин аст мулки хонадони банӣ‐Яҳудо мувофиқи қабилаҳои онҳо.
21 Ва шаҳрҳои интиҳоии хонадони банӣ‐Яҳудо назди сарҳади Адӯм дар ҷануб инҳо буданд: Қабсаил, Эдер ва Ёҷур,
22 Қино, Димӯна ва Адъодо,
23 Қодеш, Ҳосӯр ва Итнон,
24 Зиф, Телем ва Баалӯт,
25 Ҳосӯр‐Ҳадатто, Қарийӯт, Ҳесрӯн, ки Ҳосӯр бошад,
26 Амом, Шамаъ ва Мӯлодо,
27 Ҳасар‐Ҷаддо, Ҳешмӯн ва Байт‐Полот,
28 Ҳасар‐Шуол, Беэр‐Шобаъ ва Бизйӯтьё,
29 Баал, Ийим ва Осам,
30 Элтӯлад, Касил ва Ҳормо,
31 Сиклаг, Мадманно ва Сансанно,
32 Лебоӯт, Шилҳим, Айин ва Риммӯн, — ҷамъ бисту нӯҳ шаҳр бо деҳоташон.
33 Дар пастӣ: Эштоӯл, Соръо ва Ашно,
34 Зонӯҳа, Эйн‐Ҷанним, Тапуҳа ва Эном,
35 Ярмут, Адуллом, Сӯхӯ ва Азеқо,
36 Шаароим, Адитоим, Ҷадиро ва Ҷадирӯтоим, — чордаҳ шаҳр бо деҳоташон.
37 Санон, Ҳадошо ва Мичдал‐Ҷод,
38 Дилъон, Мисфо ва Ёқтаил,
39 Лохиш, Босқат ва Эҷлӯн,
40 Каббӯн, Лаҳмос ва Китлиш,
41 Ҷадирӯт, Байт‐Доҷӯн, Наамо ва Маққедо, — шонздаҳ шаҳр бо деҳоташон.
42 Либно, Этер ва Ошон,
43 Ифтоҳ, Ашно ва Насиб,
44 Қаило, Акзиб ва Морешо, — нӯҳ шаҳр бо деҳоташон.
45 Эқрӯн бо қасабаҳо ва деҳоти он.
46 Аз Эқрӯн то баҳр ҳар он чи назди Ашдӯд бо деҳоти онҳо буд.
47 Ашдӯд, қасабаҳо ва деҳоти он, Ғазза, қасабаҳо ва деҳоти он, то водии Миср ва баҳри Бузург ва соҳили он.
48 Ва дар кӯҳистон: Шомир, Яттир ва Сӯхӯ,
49 Данно, Қирьят‐Санно, ки Дабир бошад,
50 Аноб, Эштемӯ ва Оним,
51 Ҷӯшан, Ҳӯлӯн ва Ҷилӯ, — ёздаҳ шаҳр бо деҳоташон.
52 Ароб, Думо ва Эшъон,
53 Ёнум, Байт‐Тапуҳа ва Афиқо,
54 Ҳумто, Қирьят‐Арбаъ, ки Ҳебрӯн бошад, ва Сиӯр, — нӯҳ шаҳр бо деҳоташон.
55 Моӯн, Кармил, Зиф ва Ютто,
56 Изреъил, Ёқдаом ва Зонӯҳа,
57 Қайин, Ҷибъо ва Тимно, — даҳ шаҳр бо деҳоташон.
58 Ҳалҳул, Байт‐Сур ва Ҷадӯр,
59 Маарот, Байт‐Анӯт ва Элтақӯн, — шаш шаҳр бо деҳоташон.
60 Қирьят‐Баал, ки Қирьят‐Еорим бошад, ва Ҳораббо, — ду шаҳр бо деҳоташон.
61 Дар биёбон: Байт‐Аробо, Миддин ва Сахохо,
62 Нибшон, Ир‐Мелаҳ ва Эйн‐Ҷадӣ, — шаш шаҳр бо деҳоташон.
63 Вале ябусиёнро, ки сокинони Ерусалим буданд, банӣ‐Яҳудо натавонистанд бадар ронанд; ва ябусиён бо банӣ‐Яҳудо то имрӯз дар Ерусалим сокинанд.
16БОБИ ШОНЗДАҲУМ
Мулки Менашше ва Эфроим.
1 Ва қуръа барои банӣ‐Юсуф аз Урдуни назди Ериҳӯ, ба тарафи шарқии обҳои Ериҳӯ, ба самти биёбоне ки аз Ериҳӯ сӯи кӯҳи Байт‐Ил мебарояд, афтод.
2 Ва аз Байт‐Ил сӯи Луз берун омада, ба ҳудуди Аркӣ то Аторӯт мегузашт,
3 Ва ба самти ғарб ба ҳудуди Яфлетӣ, то сарҳади Байт‐Ҳӯрӯни поён ва то Ҷозар фурӯд меомад, ва интиҳои он баҳр буд.
4 Ва банӣ‐Юсуф, Менашше ва Эфроим, мулки худро гирифтанд.
5 Ва ҳудуди банӣ‐Эфроим мувофиқи қабилаҳои онҳо чунин буд, ва сарҳади мулки онҳо ба тарафи шарқ Атрӯт‐Аддор то Байт‐Ҳӯрӯни боло буд.
6 Ва сарҳад ба самти ғарб аз шимоли Михматот берун меомад, ва сарҳад ба тарафи шарқии Таанат‐Шилӯ мегашт, ва аз ҷониби шарқии Ёнӯҳо аз он мегузашт.
7 Ва аз Ёнӯҳо сӯи Аторӯт ва Наарото фурӯд меомад, ва ба Ериҳӯ расида, ба Урдун мепайваст.
8 Ва сарҳад ба тарафи ғарб аз Тапуҳа ба водии Қоно мерафт, ва интиҳои он баҳр буд; ин аст мулки хонадони банӣ‐Эфроим мувофиқи қабилаҳои онҳо;
9 Илова бар шаҳрҳое ки барои банӣ‐Эфроим андаруни мулки банӣ‐Менашше ҷудо карда шуда буд; ҳамаи шаҳрҳо бо деҳоти онҳо буд.
10 Валекин канъониёнеро, ки дар Ҷозар сокин буданд, бадар наронданд; ва канъониён то имрӯз дар миёни эфроимиён сокинанд ва хироҷгузори меҳнатӣ мебошанд.
17БОБИ ҲАФДАҲУМ
Мулки сибтҳои Менашше ва Эфроим.
1 Ва куръа барои хонадони Менашше чунин афтод, зеро ки ӯ нахустзодаи Юсуф буд; ба Мокир, нахустзодаи Менашше, падари Ҷилъод, азбаски марди ҷангӣ буд, Ҷилъод ва Бошон расид.
2 Ва ба писарони дигари Менашше мувофиқи қабилаҳои онҳо ҳиссае расид, чунончи: ба писарони Абиэзер, ба писарони Ҳелеқ, ба писарони Асриил, ба писарони Шекем, ба писарони Ҳефер ва ба писарони Шамидоъ; инҳо писарони Менашше ибни Юсуф, яъне ҷинси мардони онҳо, мувофиқи қабилаҳошон мебошанд.
3 Вале Селофҳод ибни Ҳефер ибни Ҷилъод ибни Мокир ибни Менашше писар не, балки духтар дошт, ва инҳост номҳои духтаронаш: Маҳло, Нӯо, Ҳоҷло, Милко ва Тирсо.
4 Ва онҳо пеши Элъозори коҳин ва пеши Еҳушаъ ибни Нун ва пеши раисон наздик омада, гуфтанд: «Худованд ба Мусо амр фармудааст, ки ба мо мулке дар миёни бародаронамон бидиҳад». Ва ба онҳо бар тибқи амри Худованд мулке дар миёни бародарони падарашон дода шуд.
5 Ва ба Менашше, ғайр аз замини Ҷилъод ва Бошон, ки дар он тарафи Урдун аст, даҳ қитъа расид;
6 Зеро ки духтарони Менашше мулке дар миёни писарони ӯ гирифтанд, ва замини Ҷилъод ба писарони дигари Менашше расид.
7 Ва сарҳади Менашше аз Ошер сӯи Михматот мерафт, ки он дар рӯ ба рӯи Шакем аст; ва сарҳад ба тарафи рост сӯи сокинони Эйн‐Тапуҳа мерафт.
8 Замини атрофи Тапуҳа аз они Менашше буд, вале худи Тапуҳа, ки назди сарҳади Менашше буд, ба банӣ‐Эфроим расид.
9 Ва сарҳад сӯи водии Қоно, ба тарафи ҷанубии водӣ фурӯд меомад; ин шаҳрҳо дар миёни шаҳрҳои Менашше ба эфроимиён расид; ва сарҳади Менашше аз шимоли водӣ буд, ва интиҳои он баҳр буд.
10 Тарафи ҷанубӣ аз они Эфроим ва тарафи шимолӣ аз они Менашше буда, баҳр сарҳади онҳо буд; ва онҳо аз шимол ба Ошер, ва аз шарқ ба Иссокор ҳамҳудуд буданд.
11 Ва ба Менашше дар мулқҳои Иссокор ва Ошер инҳо тааллуқ дошт: Байт‐Шаон ва қасабаҳояш, Иблеом ва қасабаҳояш, сокинони Дӯр ва қасабаҳояш, сокинони Эйн‐Дӯр ва қасабаҳояш, сокинони Таънок ва қасабаҳояш, сокинони Маҷиддӯ ва қасабаҳояш, — ин се ноҳияи кӯҳӣ.
12 Вале банӣ‐Менашше сокинони ин шаҳрҳоро натавонистанд бадар ронанд, ва канъониён азм карданд ки дар ин замин сокин бошанд.
13 Ва чун банӣ‐Исроил қувват гирифтанд, он гоҳ канъониёнро хироҷгузор гардониданд, валекин онҳоро бадар наронданд.
14 Ва банӣ‐Юсуф ба Еҳушаъ сухан ронда, гуфтанд: «Чаро бар тибқи як қуръа мулкеро бо як қитъае ба ман додаӣ, ва ҳол он ки ман қавми сершумор ҳастам, чунки Худованд маро то ин дараҷа баракат додааст».
15 Ва Еҳушаъ ба онҳо гуфт: «Агар ту қавми сершумор бошӣ, ба ҷангал баро ва дар он ҷо, дар замини фариззиён ва рафоиён барои худ маконе тоза намо, зеро ки кӯҳи Эфроим барои ту танг аст».
16 Ва банӣ‐Юсуф гуфтанд: «Кӯҳистон барои мо кифоят намекунад; ва ҳамаи канъониёне ки дар замини водӣ сокинанд, аробаҳои оҳанин доранд, чи онҳое ки дар Байт‐Шаон ва қасабаҳояш, ва чи онҳое ки дар водии Изреъил мебошанд».
17 Ва Еҳушаъ ба хонадони Юсуф, ба Эфроим ва Менашше сухан ронда, гуфт: «Ту қавми сершумор ҳастӣ, ва қуввати бузурге дорӣ, пас мулки ту бар тибқи як қуръа нахоҳад буд,
18 Балки кӯҳистон аз они ту хоҳад буд, ҷангалро низ ту барои худ тоза хоҳӣ кард, ва он то ақсояш аз они ту хоҳад буд, зеро ки канъониёнро бадар хоҳӣ ронд, агарчи аробаҳои оҳанин доранд, агарчи зӯроваранд».
18БОБИ ҲАЖДАҲУМ
Хаймаи ҷомеъ дар Шилӯ барқарор карда шуд.
Тақсимоти заминҳои боқӣ дар миёни ҳафт сибт.
1 Ва тамоми ҷамоати банӣ‐Исроил дар Шилӯ ҷамъ шуда, дар он ҷо хаймаи ҷомеъро барқарор карданд; ва кишварро онҳо мусаххар карда буданд.
2 Ва дар миёни банӣ‐Исроил ҳафт сибт боқӣ монданд, ки ҳанӯз мулки худро тақсим накарда буданд.
3 Ва Еҳушаъ ба банӣ‐Исроил гуфт: «То ба кай шумо бепарвогӣ мекунед дар он ки рафта заминеро, ки Худованд Худои падаронатон ба шумо додааст, тасарруф намоед?
4 Аз ҷониби худ се нафарро аз ҳар сибт бидиҳед, то ки ман онҳоро бифиристам, ва онҳо бархоста, дар замин гардиш кунанд, ва онро бар тибқи тақсимоти мулкҳо тасвир намоянд, ва назди ман биёянд.
5 Бигзор онро ба ҳафт ҳисса тақсим кунанд; Яҳудо дар ҳудуди худ аз ҷануб хоҳад монд, ва хонадони Юсуф дар ҳудуди худ аз шимол хоҳанд монд.
6 Ва шумо ҳафт ҳиссаи заминро тасвир намуда, назди ман ба ин ҷо биёред, ва ман дар ин ҷо ба ҳузури Худованд Худои мо барои шумо қуръа хоҳам партофт.
7 Зеро ки левизодагон дар миёни шумо ҳиссае надоранд, чунки каҳонати Худованд насибаи онҳост; ва Ҷод ва Реубен ва нисфи сибти Менашше мулки худро аз он тарафи Урдун, яъне аз ҷониби шарқии он гирифтаанд, ки онро Мусо, бандаи Худованд, ба онҳо дода буд».
8 Ва он одамон бархоста рафтанд; ва Еҳушаъ ба онҳое ки барои тасвир кардани замин мерафтанд, амр фармуда, гуфт: «Рафта дар замин гардиш кунед ва онро тасвир намуда, назди ман баргардед, ва ман дар ин ҷо ба ҳузури Худованд, дар Шилӯ, барои шумо қуръа хоҳам партофт».
9 Ва он одамон рафта, заминро тай карданд ва онро бар тибқи шаҳрҳо ба ҳафт ҳисса дар дафтаре тасвир намуданд, ва назди Еҳушаъ ба бошишгоҳи Шилӯ омаданд.
10 Ва Еҳушаъ барои онҳо дар Шилӯ ба ҳузури Худованд қуръа партофт, ва дар он ҷо Еҳушаъ заминро ба банӣ‐Исроил бар тибқи тақсимоташон тақсим кард.
11 Ва қуръа барои хонадони банӣ‐Биньёмин мувофиқи қабилаҳои онҳо афтод, ва ҳудуди онҳо аз рӯи қуръа дар мобайни банӣ‐Яҳудо ва банӣ‐Юсуф баромад.
12 Ва сарҳади онҳо дар тарафи шимол аз Урдун буд, ва сарҳад аз шимол сӯи барҷастагии Ериҳӯ мебаромад, ва дар ғарб сӯи кӯҳистон боло мерафт, ва интиҳояш биёбони Байт‐Овин буд.
13 Ва аз он ҷо сарҳад сӯи Луз, яъне ба тарафи барҷастагии ҷанубии Луз, ки Байт‐Ил бошад, гузашта мерафт, ва сарҳад сӯи Атрӯт‐Аддор, ба тарафи кӯҳе ки аз ҷануби Байт‐Ҳӯрӯни поён воқеъ аст, фурӯд меомад.
14 Ва сарҳад дар тарафи ғарб аз кӯҳе ки дар рӯ ба рӯи Байт‐Ҳӯрӯни ҷанубӣ воқеъ аст, давр зада мегашт, ва интиҳояш назди Қирьят‐Баал буд, ки Қирьят‐Еорим, шаҳри банӣ‐Яҳудо бошад; ин тарафи ғарбист.
15 Ва тарафи ҷанубӣ аз канори Қирьят‐Еорим буд; ва сарҳад ба самти ғарб мерафт, ва ба чашмаи обҳои Нефтӯҳа мерасид.
16 Ва сарҳад ба домани кӯҳе ки дар рӯ ба рӯи дараи Бен‐Ҳиннӯм, дар шимоли водии Рафоим воқеъ аст, фурӯд меомад, ва ба дараи Ҳиннӯм сӯи барҷастагии ҷанубии ябусиён мерафт, ва ба Эйн‐Рӯҷил фурӯд меомад.
17 Ва аз шимол гашта, ба Эйн‐Шемеш мебаромад, ва сӯи Ҷалилӯт, ки дар рӯ ба рӯи Маале‐Адумим аст, мерафт, ва ба санги Бӯҳан, писари Реубен, фурӯд меомад.
18 Ва аз барҷастагии рӯ ба рӯи саҳро ба тарафи шимол гузашта, ба саҳро фурӯд меомад.
19 Ва сарҳад аз барҷастагии Байт‐Ҳоҷло ба тарафи шимол мегузашт, ва интиҳои сарҳад халиҷи шимолии баҳри Намак, дар интиҳои ҷанубии Урдун буд; ин сарҳади ҷанубист.
20 Ва ба тарафи шарқ Урдун сарҳади он буд; мулки банӣ‐Биньёмин бо сарҳадҳои он аз ҳар тараф, мувофиқи қабилаҳои онҳо, ҳамин буд.
21 Ва шаҳрҳои хонадони банӣ‐Биньёмин, мувофиқи қабилаҳои онҳо, инҳо буданд: Ериҳӯ, Байт‐Ҳоҷло ва Эмеқ‐Қасис,
22 Байт‐Аробо, Самораим ва Байт‐Ил,
23 Аввим, Форо ва Офро,
24 Кефар‐Аммӯно, Офнӣ ва Ҷабаъ, — дувоздаҳ шаҳр бо деҳоташон.
25 Ҷибъӯн, Ромо ва Беэрӯт,
26 Мисфо, Кефиро ва Мӯссо,
27 Роқам, Ирпаил ва Таръало,
28 Селаъ, Олаф, Ябусӣ, ки Ерусалим бошад, Ҷибъат ва Қирьят, — чордаҳ шаҳр бо деҳоташон; ин аст мулки банӣ‐Биньёмин мувофиқи қабилаҳои онҳо.
19БОБИ НУЗДАҲУМ
Мулки шаш сибти дигар.
1 Ва қуръаи дуюм барои Шимъӯн, яъне барои хонадони банӣ‐Шимъӯн мувофиқи қабилаҳои онҳо баромад; ва мулки онҳо андаруни мулки банӣ‐Яҳудо буд.
2 Ва инҳо мулки онҳо гардид: Беэр‐Шобаъ, Шобаъ ва Мӯлодо,
3 Ҳасар‐Шуол, Боло ва Осам,
4 Элтӯлад, Батул ва Ҳормо,
5 Сиқлоҷ, Байт‐Маркобӯт ва Ҳасар‐Сусо,
6 Байт‐Лабоӯт ва Шоруҳан, — сездаҳ шаҳр бо деҳоташон.
7 Айин, Риммӯн, Этер ва Ошон, — чор шаҳр бо деҳоташон.
8 Ва тамоми деҳоте ки дар атрофи ин шаҳрҳо то Баалат‐Беэр ва Ромат‐Наҷаб буд; мулки хонадони банӣ‐Шимъӯн мувофиқи қабилаҳои онҳо ҳамин буд.
9 Мулки банӣ‐Шимъӯн аз миёни ҳиссаи банӣ‐Яҳудо буд, зеро ки ҳиссаи банӣ‐Яҳудо барои онҳо бағоят бузург буд, ва банӣ‐Шимъӯн аз миёни мулки онҳо мулк гирифтанд.
10 Ва қуръаи сеюм барои банӣ‐Забулун мувофиқи қабилаҳои онҳо баромад, ва сарҳади мулки онҳо то Сорид мерасид.
11 Ва ҳудуди онҳо ба самти ғарб ва Маръало рафта, то Дабошет мерасид, ва ба водие ки дар рӯ ба рӯи Ёқнеом аст, мерасид;
12 Ва аз Сорид ба самти шарқ, ба тарафи тулӯи офтоб то сарҳади Кислӯт‐Тобӯр бармегашт, ва назди Добрат баромада, ба Ёфиа мерасид.
13 Ва аз он ҷо ба самти шарқ, ба Ҷитто‐Ҳефер ва Итто‐Қосин гузашта, назди Риммӯн мебаромад ва ба тарафи Нео мегашт.
14 Ва сарҳад аз шимол то Ҳаннотӯн онро давр мезад, ва интиҳояш дараи Йифтаҳ‐Ил буд;
15 Низ Қаттот, Наҳалол, Шимрӯн, Идъало ва Байт‐Лаҳм, — дувоздаҳ шаҳр бо деҳоташон.
16 Мулки банӣ‐Забулун мувофиқи қабилаҳои онҳо ҳамин буд, яъне ҳамин шаҳрҳо бо деҳоташон.
17 Қуръаи чорум барои Иссокор баромад, яъне барои банӣ‐Иссокор мувофиқи қабилаҳои онҳо.
18 Ва ҳудуди онҳо чунин буд: Изреъил, Касуллӯт ва Шунем,
19 Ҳафораим, Шиӯн ва Аноҳарот,
20 Раббит, Қишйӯн ва Обас,
21 Ромат, Эйн‐Ҷанним, Эйн‐Ҳаддо ва Байт‐Фасис;
22 Ва сарҳад ба Тобӯр, Шаҳасимо ва Байт‐Шемеш мерасид, ва интиҳои сарҳадашон назди Урдун буд, — шонздаҳ шаҳр бо деҳоташон.
23 Мулки хонадони банӣ‐Иссокор мувофиқи қабилаҳои онҳо ҳамин буд, яъне ин шаҳрҳо бо деҳоташон.
24 Ва қуръаи панҷум барои хонадони банӣ‐Ошер мувофиқи қабилаҳои онҳо баромад,
25 Ва сарҳади онҳо чунин буд: Ҳелқат, Ҳалӣ, Ботан ва Акшоф,
26 Аламалик, Амъод ва Мишъол. Ва дар ғарб ба Кармил ва Шиҳӯр‐Либнот мерасид;
27 Ва ба самти тулӯи офтоб ба Байт‐Доҷӯн баргашта, ба Забулун ва дараи Йифтаҳ‐Ил дар шимол ва ба Байт‐Эмеқ ва Наиил мерасид, ва аз тарафи чап назди Кабул мебаромад;
28 Низ Эбрӯн, Раҳӯб, Ҳаммӯн ва Қоно то Сидӯни бузург;
29 Ва сарҳад ба Ромо баргашта, то шаҳри ҳисордори Сӯр мерафт; ва сарҳад сӯи Ҳусо бармегашт, ва интиҳояш назди баҳр дар мавзеи Акзиб буд;
30 Низ Уммо, Афиқ ва Раҳӯб, — бисту ду шаҳр бо деҳоташон.
31 Мулки хонадони банӣ‐Ошер мувофиқи қабилаҳои онҳо ҳамин буд, яъне ин шаҳрҳо бо деҳоташон.
32 Қуръаи шашум барои банӣ‐Нафтолӣ баромад, яъне барои банӣ‐Нафтолӣ мувофиқи қабилаҳои онҳо.
33 Ва сарҳади онҳо аз Ҳелаф, аз булутзоре ки дар Саананним буд, ба Адомӣ, Ноқаб ва Ябнаил то Лаққум мерафт, ва интиҳояш назди Урдун буд.
34 Ва сарҳад ба самти ғарб сӯи Азнӯт‐Тобӯр баргашта, аз он ҷо ба Ҳуққӯқо мебаромад, аз ҷануб ба Забулун мерасид, аз ғарб ба Ошер мерасид ва аз тулӯи офтоб — ба Яҳудо назди Урдун.
35 Ва шаҳрҳои ҳисордори он: Сиддим, Сер, Ҳаммат, Раққат ва Киннорет,
36 Адомо, Ромо ва Ҳосӯр,
37 Қодеш, Эдрей ва Айн‐Ҳосӯр,
38 Йиръӯн, Миҷдал‐Ил, Ҳорим, Байт‐Анот ва Байт‐Шемеш, — нуздаҳ шаҳр бо деҳоташон.
39 Мулки хонадони банӣ‐Нафтолӣ ҳамин буд, яъне ин шаҳрҳо бо деҳоташон.
40 Барои хонадони банӣ‐Дон мувофиқи қабилаҳои онҳо қуръаи ҳафтум баромад.
41 Ва сарҳади мулки онҳо чунин буд: Соръо, Эштоӯл ва Ир‐Шемеш,
42 Шаалаббин, Аёлӯн ва Йитло,
43 Элӯн, Тимно ва Эқрӯн,
44 Элтақе, Ҷибтун ва Баалот,
45 Яҳуд, Бне‐Брақ ва Ҷат‐Риммӯн,
46 Ме‐Ярқӯн ва Раққӯн бо сарҳаде ки дар рӯ ба рӯи Ёфӯ мебошад.
47 Ва ҳудуди банӣ‐Дон аз ихтиёрашон баромад, ва банӣ‐Дон берун рафта, бо Лошам ҷанг карданд, ва онро забт намуда, ба дами шамшер заданд, ва онро ба тасарруфи худ дароварда, дар он сокин шуданд, ва Лошамро Дон номиданд, бар тибқи номи Дон, ки падарашон буд.
48 Ҳамин аст мулки хонадони банӣ‐Дон мувофиқи қабилаҳои онҳо, яъне ин шаҳрҳо бо деҳоташон.
49 Ва ҳангоме ки ба худудҳо тақсим кардани заминро ба анҷом расониданд, банӣ‐Исроил ба Еҳушаъ ибни Нун мулке дар миёни худ доданд,
50 Мувофиқи амри Худованд шаҳреро, ки ӯ хост, яъне Тимнат‐Сораҳро дар кӯҳи Эфроим ба ӯ доданд, ва ӯ ин шаҳрро бино карда, дар он сокин шуд.
51 Ҳамин аст мулкҳое ки Элъозори коҳин ва Еҳушаъ ибни Нун ва сарнаслҳои хонадонҳои банӣ‐Исроил бо қуръа дар Шилӯ ба хузури Худованд назди дари хаймаи ҷомеъ тақсим карданд; ва тақсимоти заминро ба анҷом расониданд.
20БОБИ БИСТУМ
Дар бораи шаҳрҳои гурезгоҳ.
1 Ва Худованд ба Еҳушаъ сухан ронда, гуфт:
2 «Ба банӣ‐Исроил сухан ронда, бигӯй: „Шаҳрҳои гурезгоҳро, ки дар бораи онҳо ба шумо ба воситаи Мусо сухан рондаам, барои худ таъин намоед,
3 То қотиле ки касеро саҳван, нодониста кушта бошад, ба он ҷо бигрезад; ва ин шаҳрҳо барои шумо гурезгоҳе аз хунхоҳ бошад.
4 Ва касе ки ба яке аз ин шаҳрҳо мегурезад, бигзор ба даҳани дарвозаи шаҳр истода, ба гӯши пирони он шаҳр суханони худро бигӯяд, ва онҳо ӯро назди худ ба шаҳр дароварда, маконе ба ӯ хоҳанд дод, то ки бо онҳо сокин шавад.
5 Ва ҳангоме ки хунхоҳ ӯро таъқиб намояд, онҳо набояд қотилро ба дасти вай супоранд, зеро ки ӯ ёри худро нодониста куштааст, ва пеш аз он бо вай адовате надоштааст.
6 Ва ӯ бигзор дар ин шаҳр сукунат намояд, то вақте ки ба хузури ҷамоат барои доварӣ ҳозир шавад, ва то вақти вафоти саркоҳине ки дар он айём бошад. Он гоҳ қотил метавонад баргашта, ба шаҳри худ ва ба хонаи худ, яъне ба шаҳре ки аз он гурехта буд, биёяд“».
7 Ва Қодешро дар Ҷалил дар кӯҳи Нафтолӣ, ва Шакемро дар кӯҳи Эфроим, ва Қирьят‐Арбаъро, ки Ҳебрӯн бошад, дар кӯҳи Яҳудо таъин карданд.
8 Ва аз он тарафи Урдун, дар рӯ ба рӯи Ериҳӯ, ба самти шарқ, Босарро дар биёбон, дар дашт, аз хонадони Реубен, ва Ромӯтро дар Ҷилъод, аз хонадони Ҷод, ва Ҷӯлонро дар Бошон, аз хонадони Менашше, муайян карданд.
9 Ҳаминҳо буд шаҳрҳое ки барои тамоми банӣ‐Исроил ва барои ғарибе ки дар миёни онҳо сукунат дорад, таъин гардида буд, то ҳар одаме ки касеро саҳван кушта бошад, ба он ҷо бигрезад, ва аз дасти хунхоҳ намирад, то вақте ки ба ҳузури ҷамоат барои доварӣ ҳозир шавад.
21БОБИ БИСТУ ЯКУМ
Мулки левизодагон.
1 Ва сарнаслҳои левизодагон назди Элъозори коҳин ва назди Еҳушаъ ибни Нун ва назди сарнаслҳои хонадонҳои банӣ‐Исроил омаданд,
2 Ва ба онҳо дар Шилӯ, дар замини Канъон, сухан ронда, гуфтанд: «Худованд ба воситаи Мусо амр фармудааст, ки ба мо шаҳрҳо барои истиқомат, ва ҳаволии онҳо барои чорпоёни мо дода шавад».
3 Ва банӣ‐Исроил, мувофиқи амри Худованд, аз мулки худ ин шаҳрҳоро бо ҳаволии онҳо ба левизодагон доданд.
4 Ва қуръа барои қабилаҳои қаҳотиён баромад; ва барои писарони Ҳоруни коҳин, ки аз левизодагон буданд, аз хонадони Яҳудо ва аз хонадони Шимъӯн ва аз хонадони Биньёмин, мувофиқи қуръа, сездаҳ шаҳр расид.
5 Ва барои бақияи писарони Қаҳот аз қабилаҳои хонадони Эфроим ва аз хонадони Дон ва аз нисфи хонадони Менашше, мувофиқи куръа, даҳ шаҳр расид.
6 Ва барои писарони Ҷершӯн аз қабилаҳои хонадони Иссокор ва аз хонадони Ошер ва аз хонадони Нафтолӣ ва аз нисфи хонадони Менашше дар Бошон, мувофиқи қуръа, сездаҳ шаҳр расид.
7 Барои писарони Марорӣ, мувофиқи қабилаҳои онҳо, аз хонадони Реубен ва аз хонадони Ҷод ва аз хонадони Забулун дувоздаҳ шаҳр расид.
8 Ва банӣ‐Исроил ба левизодагон ин шаҳрҳоро бо ҳаволии онҳо мувофиқи қуръа доданд, чунон ки Худованд ба воситаи Мусо фармуда буд.
9 Ва аз хонадони банӣ‐Яҳудо ва аз хонадони банӣ‐Шимъӯн ин шаҳрҳоро, ки ном бурда шудааст, доданд;
10 Ва инҳо ба писарони Ҳорун, ки аз қабилаҳои қаҳотиён, аз банӣ‐Левӣ буданд, расид, зеро ки қуръаи аввалин аз они онҳо шуд;
11 Ва падари аноқиён Қирьят‐Арбаъро, ки Ҳебрӯн бошад, дар кӯҳи Яҳудо бо ҳаволии гирду пеши он ба онҳо доданд.
12 Вале киштзори шаҳрро бо деҳоташ ба Колеб ибни Ефунне барои моликият доданд.
13 Ва ба писарони Ҳоруни коҳин шаҳри гурезгоҳи қотил — Ҳебрӯнро бо ҳаволии он, ва Либноро бо ҳаволии он доданд,
14 Ва Яттиро бо ҳаволии он, ва Эштемӯаро бо ҳаволии он,
15 Ва Ҳӯлӯнро бо ҳаволии он, ва Дабирро бо ҳаволии он,
16 Ва Айинро бо ҳаволии он, ва Ютторо бо ҳаволии он, ва Байт‐Шемешро бо ҳаволии он, яъне нӯҳ шаҳрро аз ин ду сибт доданд.
17 Ва аз хонадони Биньёмин — Ҷибъӯнро бо ҳаволии он, Ҷобаъро бо ҳаволии он,
18 Анотӯтро бо ҳаволии он, Алмӯнро бо ҳаволии он, яъне чор шаҳрро доданд.
19 Ҷамъи шаҳрҳои писарони Ҳоруни коҳин сездаҳ шаҳр бо ҳаволии он буд.
20 Ва барои қабилаҳои банӣ‐Қаҳот, яъне левизодагони дигаре ки аз банӣ‐Қаҳот буданд, шаҳрҳо мувофиқи қуръаи онҳо аз хонадони Эфроим буд.
21 Ба онҳо шаҳри гурезгоҳи қотил — Шакемро бо ҳаволии он дар кӯҳи Эфроим доданд; ва Ҷозарро бо ҳаволии он,
22 Ва Қибсаимро бо ҳаволии он, ва Байт‐Ҳӯрӯнро бо ҳаволии он, яъне чор шаҳрро доданд.
23 Ва аз хонадони Дон — Элтақеро бо ҳаволии он, Ҷибтӯнро бо ҳаволии он,
24 Аёлӯнро бо ҳаволии он, Ҷат‐Риммӯнро бо ҳаволии он, яъне чор шаҳрро доданд.
25 Ва аз нисфи хонадони Менашше — Таънокро бо ҳаволии он, ва Ҷат‐Риммӯнро бо ҳаволии он, яъне ду шаҳрро доданд.
26 Ҷамъ даҳ шаҳр бо ҳаволии онҳо барои қабилаҳои дигари банӣ‐Қаҳот буд.
27 Ва ба писарони Ҷершӯн, ки аз қабилаҳои левизодагон буданд, аз нисфи хонадони Менашше шаҳри гурезгоҳи қотил — Ҷӯлонро, ки дар Бошон буд, бо ҳаволии он, ва Беэштароро бо ҳаволии он, яъне ду шаҳрро доданд.
28 Ва аз хонадони Иссокор — Қишйӯнро бо ҳаволии он, Добратро бо ҳаволии он,
29 Ярмутро бо ҳаволии он, Эйн‐Ҷаннимро бо ҳаволии он, яъне чор шаҳрро доданд.
30 Ва аз хонадони Ошер — Мишъолро бо ҳаволии он, Абдӯнро бо ҳаволии он,
31 Ҳелқатро бо ҳаволии он, ва Раҳӯбро бо ҳаволии он, яъне чор шаҳрро доданд.
32 Ва аз хонадони Нафтолӣ — шаҳри гурезгоҳи қотил Қодешро дар Ҷалил бо ҳаволии он, ва Ҳаммӯт‐Дӯрро бо ҳаволии он, ва Қартонро бо ҳаволии он, яъне се шаҳрро доданд.
33 Ҷамъи шаҳрҳои ҷершӯниён мувофиқи қабилаҳои онҳо сездаҳ шаҳр бо ҳаволии онҳо буд.
34 Ва барои қабилаҳои банӣ‐Марорӣ, ки аз левизодагони боқимонда буданд, аз хонадони Забулун Ёқнеомро бо ҳаволии он, Қарторо бо ҳаволии он,
35 Димноро бо ҳаволии он, Наҳалолро бо ҳаволии он, яъне чор шаҳрро доданд.
36 Ва аз хонадони Реубен шаҳри гурезгоҳи қотил Босарро дар биёбон бо ҳаволии он, ва Яҳсоро бо ҳаволии он,
37 Қадемӯтро бо ҳаволии он, ва Мефоатро бо ҳаволии он, яъне чор шаҳрро доданд.
38 Ва аз хонадони Ҷод шаҳри гурезгоҳи қотил Ромӯтро дар Ҷилъод бо ҳаволии он, ва Маҳаноимро бо ҳаволии он,
39 Ҳешбӯнро бо ҳаволии он, Яъзирро бо ҳаволии он, ҷамъ чор шаҳрро доданд.
40 Ҳамаи ин шаҳрҳо барои банӣ‐Марорӣ мувофиқи қабилаҳои онҳо, яъне барои онҳое буд, ки аз қабилаҳои левизодагон боқӣ монда буданд; ва аз рӯи қуръаи онҳо дувоздаҳ шаҳр баромад.
41 Ҳамаи шаҳрҳои левизодагон дар миёни мулки банӣ‐Исроил чилу ҳашт шаҳр бо ҳаволии онҳо буд.
42 Ин шаҳрҳо ҳар яке дар гирду пеши худ ҳаволӣ доштанд: вазъияти ҳамаи ин шаҳрҳо чунин буд.
43 Ва Худованд ба Исроил тамоми заминеро, ки қасам хӯрда буд ба падаронашон бидиҳад, дод, ва онҳо онро ба тасарруфи худ дароварда, дар он сокин шуданд.
44 Ва Худованд ба онҳо аз ҳар тараф оромӣ дод, чунон ки ба падаронашон қасам хӯрда буд; ва касе аз ҳамаи душманонашон натавонист пеши онҳо истодагӣ кунад: ҳамаи душманони онҳоро Худованд ба дасташон супурд.
45 Аз ҳамаи қавлу ваъдаҳое ки Худованд ба хонадони Исроил дода буд, сухане зоеъ нарафт: ҳамааш ба амал омад.
22БОБИ БИСТУ ДУЮМ
Ду ва ним сибт қурбонгоҳ бино карданд.
1 Он гоҳ Еҳушаъ реубениён ва ҷодиён ва нисфи хонадони Менашшеро даъват намуд,
2 Ва ба онҳо гуфт: «Шумо ҳар он чиро, ки Мусо, бандаи Худованд, ба шумо амр фармуда буд, ба ҷо овардед, ва ба овози ман дар ҳар чи ба шумо амр фармудам, гӯш додед.
3 Бародарони худро дар ин айёми дуру дароз то имрӯз тарк накардед, ва иҷрои фармони Худованд Худои худро риоя намудед.
4 Ва алҳол Худованд Худои шумо ба бародарони шумо оромӣ бахшидааст, чунон ки ба онҳо гуфта буд; ва алҳол сӯи хаймаҳои худ ба замини моликияти худ, ки Мусо, бандаи Худованд, дар он тарафи Урдун ба шумо додааст, рӯй оварда, биравед.
5 Фақат саъю кӯшиш намоед, ки аҳком ва шариатеро, ки Мусо, бандаи Худо, ба шумо амр фармудааст, ба амал оваред, то ки Худованд Худои худро дӯст дошта, ба ҳамаи роҳҳои Ӯ рафтор кунед ва аҳкоми Ӯро ба ҷо оварда, ба Ӯ бичаспед, ва Ӯро бо тамоми дили худ ва бо тамоми ҷони худ ибодат намоед».
6 Ва Еҳушаъ онҳоро баракат дода, равона кард, ва онҳо сӯи хаймаҳои худ рафтанд.
7 Ба нисфи сибти Менашше Мусо дар Бошон мулк дода буд, ва ба нисфи дигари он Еҳушаъ бо бародаронашон дар ин тарафи Урдун ба самти ғарб мулк дод; ва ҳангоме ки Еҳушаъ онҳоро сӯи хаймаҳошон равона мекард, онҳоро баракат дод,
8 Ва ба онҳо сухан ронда, гуфт: «Бо сарвати бисьёр ва бо чорвои сершумор, бо нуқра ва тилло ва мис ва оҳан ва либоси бағоят зиёде ба хаймаҳои худ бармегардед; пас, ғанимати душманони худро бо бародарони худ тақсим кунед».
9 Ва банӣ‐Реубен ва банӣ‐Ҷод ва нисфи сибти Менашше аз пеши банӣ‐Исроил, аз Шилӯ, ки дар замини Канъон аст, баргашта, равона шуданд, то сӯи замини Ҷилъод, ба замини моликияти худ, ки онро бар тибқи амри Худованд ба воситаи Мусо ба тасарруфи худ даровардаанд, бираванд.
10 Ва ба ноҳияи Урдун, ки дар замини Канъон аст, расида, банӣ‐Реубен ва банӣ‐Ҷод ва нисфи сибти Менашше дар он ҷо назди Урдун қурбонгоҳ бино карданд, — қурбонгоҳи бузурге ки аз дурдаст ба назар намоён мешуд.
11 Ва банӣ‐Исроил овозаи онро шуниданд, ки инак, банӣ‐Реубен ва банӣ‐Ҷод ва нисфи сибти Менашше дар рӯ ба рӯи замини Канъон дар ноҳияи Урдун, дар соҳиле ки аз они банӣ‐Исроил аст, қурбонгоҳ бино кардаанд.
12 Ва ҳангоме ки банӣ‐Исроил инро шуниданд, тамоми ҷамоати банӣ‐Исроил дар Шилӯ ҷамъ шуданд, то ки бар зидди онҳо ба ҷанг бароянд.
13 Ва банӣ‐Исроил Финҳос ибни Элъозори коҳинро назди банӣ‐Реубен ва банӣ‐Ҷод ва нисфи сибти Менашше ба замини Ҷилъод фиристоданд.
14 Ва бо ӯ даҳ раис: як раис аз ҳар хонадон, аз ҳамаи сибтҳои Исроил буданд, ки ҳар яке раиси хонадони қабилаҳои Исроил буд.
15 Ва онҳо назди банӣ‐Реубен ва банӣ‐Ҷод ва нисфи сибти Менашше ба замини Ҷилъод омаданд, ва ба онҳо сухан ронда, гуфтанд:
16 «Тамоми ҷамоати Худованд чунин мегӯянд: „Ин чӣ хиёнат аст, ки дар хаққи Худои Исроил кардаед, ки имрӯз аз Худованд гашта, барои худ қурбонгоҳе сохтаед, яъне имрӯз бар зидди Худованд исьён бардоштаед?
17 Оё гуноҳи Фаӯр барои мо кам аст, ки то имрӯз аз он пок нашудаем, ва он вақт вабое ба сари ҷамоати Худованд омада буд?
18 Ва шумо имрӯз аз Худованд гаштаед! Ва чунин воқеъ хоҳад шуд, ки шумо имрӯз бар зидди Худованд исьён мебардоред, ва Ӯ фардо бар тамоми ҷамоати Исроил ғазаб мекунад.
19 Вале агар замини моликияти шумо дар назаратон палид бошад, пас ба замини моликияти Худованд, ки хаймаи Худованд дар он соқин аст, бигзаред, ва дар миёни мо мулке барои худ бигиред, валекин бар зидди Худованд исьён набардоред ва, ғайр аз курбонгоҳи Худованд Худои мо, барои худ қурбонгоҳ сохта, моро ба исьёни худ шарик нагардонед.
20 Охир, Охон ибни Зораҳ дар бораи чизи ҳаром хиёнат карда буд, валекин ғазаб бар сари тамоми ҷамоати Исроил омад, ва он шахс барои гуноҳи худ танҳо ба ҳалокат нарасид“».
21 Ва банӣ‐Реубен ва банӣ‐Ҷод ва нисфи сибти Менашше ҷавоб гардонида, ба раисони хонадонҳои Исроил гуфтанд:
22 «Худованд Худои худоён аст, Худованд Худои худоён аст, Ӯ медонад, ва Исроил хоҳанд донист! Агар мо дар ҳаққи Худованд исьён ё хиёнат карда бошем, Ту моро имрӯз наҷот надеҳ!
23 Агар мо қурбонгоҳро барои он сохта бошем, ки аз Худованд гардем, ва ё барои он ки қурбонии сӯхтанӣ ва ҳадияи ордӣ бар он барорем ва ё қурбониҳои саломатӣ бар он забҳ кунем, бигзор Худованд Худаш бозхост намояд!
24 Балки ин корро мо аз хавфи он кардаем, ки шояд фардо писарони шумо ба писарони мо бигӯянд: „Шуморо бо Худованд Худои Исроил чӣ кор аст?
25 Охир, Худованд дар миёни мо ва шумо, эй банӣ‐Реубен ва банӣ‐Ҷод, Урдунро чун ҳадде гузоштааст, ва шуморо дар Худованд ҳиссае нест!“ Ва писарони шумо писарони моро ба ибодати Худованд роҳ нахоҳанд дод.
26 Бинобар ин мо гуфтем: барои худ ғамхорӣ намуда, курбонгоҳе бисозем, аммо на барои қурбонии сӯхтанӣ ва на барои забҳ кардан,
27 Балки барои он ки ин дар миёни мо ва шумо ва дар миёни наслҳои мо баъд аз мо шоҳиде бошад, то ки мо ибодати Худовандро ба ҳузури Ӯ бо қурбониҳои сӯхтанӣ ва забҳҳо ва қурбониҳои саломатии худ ба ҷо оварем, ва писарони шумо фардо ба писарони мо нагӯянд: „Шуморо дар Худованд ҳиссае нест!“
28 Ва мо гуфтем: агар ба мо ва ба наслҳои мо фардо чунин бигӯянд, мо хоҳем гуфт: „Ин намунаи қурбонгоҳи Худовандро бубинед, ки падарони мо на барои қурбонии сӯхтанӣ ва на барои забҳ сохтаанд, балки барои он ки дар миёни мо ва шумо шоҳид бошад“.
29 Ҳошо ва калло, ки мо бар зидди Худованд исьён бардошта, имрӯз аз Худованд гардем, ва ғайр аз қурбонгоҳи Худованд Худои мо, ки ба ҳузури хаймаи Ӯст, қурбонгоҳе барои қурбонии сӯхтанӣ, ҳадияи ордӣ ва забҳ бисозем!»
30 Ва ҳангоме ки Финҳоси коҳин ва раисони ҷамоат ва сарқабилаҳои Исроил, ки бо ӯ буданд, суханонеро, ки банӣ‐Реубен ва банӣ‐Ҷод ва банӣ‐Менашше гуфта буданд, шуниданд, ин дар назарашон писанд омад.
31 Ва Финҳос ибни Элъозори коҳин ба банӣ‐Реубен ва банӣ‐Ҷод ва банӣ‐Менашше гуфт: «Имрӯз мо донистем, ки Худованд дар миёни мост, чунки шумо ин хиёнатро дар ҳаққи Худованд накардаед; акнун шумо банӣ‐Исроилро аз дасти Худованд раҳо кардед».
32 Ва Финҳос ибни Элъозори коҳин ва раисон аз пеши банӣ‐Реубен ва банӣ‐Ҷод аз замини Ҷилъод ба замини Канъон назди банӣ‐Исроил баргашта, инро ба онҳо хабар доданд.
33 Ин дар назари банӣ‐Исроил писанд омад, ва банӣ‐Исроил Худоро муборак хонданд; ва аз нияти худ дар бораи он ки бар зидди онҳо ба ҷанг бароянд ва заминеро, ки банӣ‐Реубен ва банӣ‐Ҷод дар он сокинанд, хароб кунанд, даст кашиданд.
34 Ва банӣ‐Реубен ва банӣ‐Ҷод дар бораи қурбонгоҳ гуфтанд, ки «он дар миёни мо шоҳид аст, ки Худованд Худост».
23БОБИ БИСТУ СЕЮМ
Еҳушаъ ибни Нун ба қавм дастуроти охирин медиҳад.
1 Ва бо мурури айёми зиёд, баъд аз он ки Худованд ба Исроил аз ҳамаи душманони гирду пешашон оромӣ бахшид, Еҳушаъ пир ва солхӯрда гардид.
2 Ва Еҳушаъ тамоми Исроилро, яъне пирон, раисон, доварон ва нозирони онҳоро даъват намуда, ба онҳо гуфт: «Ман пир ва солхӯрда шудаам.
3 Ва шумо ҳар он чиро, ки Худованд Худои шумо ба ҳамаи ин халқҳо пеши шумо кардааст, дидаед, зеро ки Худованд Худои шумо Худаш барои шумо ҷангидааст.
4 Бубинед, ин халқҳоеро, ки боқӣ мондаанд, ва халқҳоеро, ки аз Урдун то баҳри бузург ба самти ғуруби офтоб маҳв намудаам, ман барои шумо бо қуръа тақсим кардам, то ки мулки сибтҳои шумо бошанд.
5 Ва Худованд Худои шумо Худаш онҳоро пеши шумо ба танг оварда, аз пеши шумо бадар хоҳад ронд, ва шумо замини онҳоро ба тасарруфи худ хоҳед даровард, чунон ки Худованд Худои шумо ба шумо гуфтааст.
6 Пас, бағоят қавӣ бошед, то ҳар он чиро, ки дар китоби шариати Мусо навишта шудааст, риоя намуда ба амал оваред, бе он ки аз он ба тарафи рост ё чап дур шавед,
7 То бо ин халқҳое ки дар миёни шумо боқӣ мондаанд, омезиш наёбед, ва исми худоёни онҳоро зикр карда қасам нахӯред, ва онҳоро ибодат нанамоед ва ба онҳо сачда набаред,
8 Балки ба Худованд Худои худ бичаспед, чунон ки то имрӯз амал кардаед.
9 Ва Худованд халқҳои бузург ва зӯроварро аз пеши шумо бадар рондааст, ва пеши шумо касе то имрӯз натавонистааст истодагӣ намояд.
10 Як нафар аз шумо ҳазор нафарро таъқиб менамояд, зеро ки Худованд Худои шумо Худаш барои шумо меҷангад, чунон ки ба шумо гуфтааст.
11 Ва аз хештан бағоят эҳтиёт бошед, то ки Худованд Худои худро дӯст доред.
12 Аммо агар рӯй тофта, ба бақияи ин халқҳое ки дар миёни шумо мондаанд, бичаспед, ва бо онҳо хешовандӣ пайдо кунед, ва назди онҳо биёед, ва онҳо назди шумо биёянд, —
13 Яқинан бидонед, ки Худованд Худои шумо ин халқҳоро дигар аз пеши шумо бадар нахоҳад ронд, ва онҳо барои шумо дом ва қуллоб, ва барои қабурғаҳои шумо тозиёна, ва барои чашмони шумо хор хоҳанд буд, то даме ки аз ин замини хуб, ки Худованд Худои шумо ба шумо додааст, маҳв гардед.
14 Ва инак, ман ба қарибӣ ба тариқи тамоми аҳли замин меравам, ва шумо бо тамоми дили худ ва бо тамоми ҷони худ дарк намоед, ки як сухан ҳам аз ҳамаи қавлу ваъдаҳое ки Худованд Худои шумо дар ҳаққи шумо додааст, зоеъ нарафтааст; ҳамааш барои шумо ба амал омадааст, як сухан ҳам аз онҳо зоеъ нарафтааст.
15 Валекин, чунон ки ҳар қавлу ваъдае ки Худованд Худои шумо ба шумо дода буд, барои шумо ба амал омадааст, ончунон Худованд ҳар таҳдидро бар шумо иҷро хоҳад кард, то даме ки шуморо аз ин замини хубе ки Худованд Худои шумо ба шумо додааст, маҳв намояд.
16 Агар шумо аҳди Худованд Худои худро, ки ба шумо амр фармудааст, поймол кунед, ва рафта худоёни дигарро ибодат намоед ва ба онҳо сачда баред, дар он сурат хашми Худованд бар шумо аланга хоҳад гирифт, ва шумо аз замини хубе ки Ӯ ба шумо додааст, ба зудӣ маҳв хоҳед шуд».
24БОБИ БИСТУ ЧОРУМ
Васияти Еҳушаъ ибни Нун ва фавти ӯ.
1 Ва Еҳушаъ ҳамаи сибтҳои Исроилро дар Шакем ҷамъ кард, ва пирони Исроил, раисон, доварон ва нозирони онҳоро даъват намуд, ва онҳо ба хузури Худо истоданд.
2 Ва Еҳушаъ ба тамоми қавм гуфт: «Худованд Худои Исроил чунин мегӯяд: „Падарони шумо, яъне Тораҳ падари Иброҳим ва падари Ноҳӯр, аз қадимулайём дар он тарафи наҳр сокин буданд ва худоёни дигарро ибодат мекарданд.
3 Вале Ман падаратон Иброҳимро аз он тарафи наҳр гирифтам, ва ӯро дар тамоми замини Канъон гардонидам, ва насли ӯро афзун кардам, ва Исҳоқро ба ӯ додам.
4 Ва Яъқуб ва Эсовро ба Исҳоқ додам; ва кӯҳи Сеирро ба Эсов додам, то ки онро ба тасарруфи худ дароварад; ва Яъқуб ва писаронаш ба Миср фурӯд омаданд.
5 Ва Мусо ва Ҳорунро фиристода, Мисрро бо он чи андаруни вай ба амал овардам, зарба задам, ва баъд аз он шуморо берун овардам.
6 Ва падарони шуморо аз Миср берун овардам, ва шумо сӯи баҳр омадед; ва мисриён бо аробаҳо ва саворон падарони шуморо то баҳри Қулзум таъқиб карданд.
7 Ва сӯи Худованд истиғоса бурдед, Ӯ дар миёни шумо ва мисриён торикӣ гузошт, ва баҳрро бар онҳо равона карда, онҳоро пӯшонид, ва чашмони шумо он чиро, ки дар Миср кардам, дидааст; ва айёми зиёде дар биёбон сокин будед.
8 Ва шуморо ба замини амӯриён, ки дар он тарафи Урдун сокин буданд, овардам, ва онҳо бо шумо ҷанг карданд; вале Ман онҳоро ба дасти шумо супурдам, ва шумо замини онҳоро ба тасарруфи худ даровардед, ва Ман онҳоро аз пеши шумо маҳв намудам.
9 Ва Болоқ ибни Сиффӯр, подшоҳи Мӯоб, бархоста, бо Исроил ҷанг кард, ва фиристода, Билъом ибни Баӯрро даъват намуд, то ки ба шумо лаънат гӯяд.
10 Вале Ман нахостам Билъомро бишнавам, ва ӯ шуморо баракат дод, ва Ман шуморо аз дасти ӯ раҳо кардам.
11 Ва шумо аз Урдун гузашта, назди Ериҳӯ омадед, ва сокинони Ериҳӯ, амӯриён, фариззиён, канъониён, ҳиттиён, ҷирҷошиён, ҳиввиён ва ябусиён бо шумо ҷанг карданд, вале Ман онҳоро ба дасти шумо супурдам.
12 Ва занбӯри алоро пешопеши шумо фиристода, онҳоро, яъне ду подшоҳи амӯриро аз пеши шумо бадар рондам, — на бо шамшери шумо ва на бо камони шумо.
13 Ва заминеро, ки дар он меҳнат накардаед, ва шаҳрҳоеро, ки бино нанамудаед, ба шумо додам, ва шумо дар онҳо сокин мебошед; аз токҳо ва дарахтони зайтуне ки шумо нашинондаед, мева мехӯред“.
14 Ва алҳол аз Худованд битарсед ва Ӯро бо самимият ва ростӣ ибодат намоед ва худоёнеро, ки падаронатон дар он тарафи наҳр ва дар Миср ибодат намудаанд, аз худ дур карда, Худовандро ибодат намоед.
15 Ва агар дар назари шумо писанд наояд, ки Худовандро ибодат намоед, пас имрӯз барои худ интихоб кунед, ки киро ибодат хоҳед намуд: оё худоёнеро, ки падарони шумо дар он тарафи наҳр ибодат мекарданд, ё худоёни амӯриёнро, ки дар заминашон сукунат доред; валекин ман ва хонадони ман Худовандро ибодат хоҳем кард».
16 Ва қавм ҷавоб гардонида, гуфтанд: «Ҳошо ва калло, ки мо Худовандро тарк карда, худоёни дигарро ибодат намоем!
17 Зеро ки Худованд Худои мост, ки Ӯ мо ва падарони моро аз замини Миср, аз хонаи ғуломӣ берун овард, ва ин аломати бузургро дар пеши назари мо нишон дод, ва моро дар тамоми роҳе ки рафтем, ва андаруни ҳамаи қавмҳое ки аз миёнашон гузаштем, нигаҳбонӣ намуд.
18 Ва Худованд ҳамаи қавмҳо ва амӯриёнро, ки дар ин замин сокин буданд, аз пеши мо бадар ронд; мо низ Худовандро ибодат хоҳем кард, зеро ки Ӯ Худои мост».
19 Ва Еҳушаъ ба қавм гуфт: «Шумо наметавонед Худовандро ибодат намоед, зеро ки Ӯ Худои қуддус аст, ва Ӯ Худои ғаюр аст, ки ба маъсиятҳо ва гуноҳҳои шумо тоқат нахоҳад кард.
20 Агар шумо Худовандро тарк карда, худоёни бегонаро ибодат намоед, Ӯ гашт карда ва ба шумо осеб расонида, агарчи пеш аз ин ба шумо некӣ кардааст, шуморо ба ҳалокат хоҳад расонид».
21 Ва қавм ба Еҳушаъ гуфтанд: «Не, мо Худовандро ибодат хоҳем намуд».
22 Ва Еҳушаъ ба қавм гуфт: «Шумо бар худ шоҳид ҳастед, ки Худовандро барои худ интихоб кардаед, то ки Ӯро ибодат намоед». Ва онҳо гуфтанд: «Шоҳид ҳастем».
23 «Ва алҳол худоёни бегонаро, ки дар миёни шумо ҳастанд, дур кунед ва дили худро ба Худованд Худои Исроил моил гардонед».
24 Ва қавм ба Еҳушаъ гуфтанд: «Худованд Худои худро ибодат хоҳем намуд ва овози Ӯро хоҳем шунид».
25 Ва Еҳушаъ дар он рӯз бо қавм аҳд баст ва барои онҳо дар Шакем фароиз ва шариат қарор дод.
26 Ва Еҳушаъ ин суханонро дар китоби шариати Худо навишт; ва санги бузурге гирифта, онро дар он ҷо зери булуте ки назди қудси Худованд буд, гузошт.
27 Ва Еҳушаъ ба тамоми қавм гуфт: «Инак, ин санг барои мо шоҳид хоҳад буд, зеро ки он ҳамаи суханони Худовандро, ки ба мо гуфт, шунидааст; ва он ба муқобили шумо шоҳид хоҳад буд, агар Худои худро инкор намоед».
28 Ва Еҳушаъ қавмро фиристод, то ҳар яке ба мулки худ равона шаванд.
29 Ва баъд аз ин ҳодисаҳо Еҳушаъ ибни Нун, бандаи Худованд, дар синни саду даҳсолагӣ вафот ёфт.
30 Ва ӯро дар худуди мулкаш, дар Тимнат‐Сораҳ, ки дар кӯҳи Эфроим, ба тарафи шимолии кӯҳи Ҷоаш мебошад, дафн карданд.
31 Ва Исроил дар тамоми айёми Еҳушаъ ва дар тамоми айёми пироне ки баъд аз Еҳушаъ зинда буданд ва ҳамаи корҳои Худовандро, ки барои Исроил карда буд, медонистанд, Худовандро ибодат намуданд.
32 Ва устухонҳои Юсуфро, ки банӣ‐Исроил аз Миср бароварда буданд, дар Шакем дар қитъаи замине ки Яъқуб аз банӣ‐Ҳамӯр падари Шакем ба сад сикка харида буд, дафн карданд; ва он мулки банӣ‐Юсуф гардид.
33 Ва Элъозор ибни Ҳорун вафот ёфт, ва ӯро бар тали писараш Финҳос, ки дар кӯҳи Эфроим ба ӯ дода шуда буд, дафн карданд.