КИТОБИ

ЮНУСИ НАБӢ

1

БОБИ ЯКУМ

Даъват шудани Юнус.

1 Ва каломи Худованд ба самъи Юнус ибни Амитай расид, ки мегуфт:

2 «Бархез, ба Нинве — шаҳри бузург — бирав ва дар он мавъиза намо, зеро ки бадкории онҳо то ба пеши Ман баромадааст».

Гурехтани Юнус. Тӯфони бузурге бар баҳр.

3 Ва Юнус бархост, то ки аз пеши Худованд ба Таршиш бигрезад; ва ба Ёфӯ омада, киштие ёфт, ки ба Таршиш рафтанӣ буд, ва киропулии онро дода, савор шуд, то ки ҳамроҳи онҳо аз пеши Худованд ба Таршиш биравад.

4 Вале Худованд боди тунде бар баҳр бархезонд, ва тӯфони бузурге дар баҳр ба амал омад, ва киштӣ ба шикастан наздик буд.

5 Ва маллоҳон ба ҳарос афтода, ҳар яке ба худои худ истиғоса менамуданд, ва асбобу анҷомеро, ки дар киштӣ буд, дар баҳр мепартофтанд, то ки бори худро сабук кунанд; аммо Юнус ба таҳхонаи сафина фуромада, дароз кашид, ва хоби сахташ бурд.

6 Ва сардори киштӣ назди ӯ омада, ба ӯ гуфт: «Туро чӣ шудааст, ки хобидаӣ? Бархез, Худои худро бихон; шояд, Худо моро ёд кунад, ва мо ба ҳалокат нарасем».

7 Ва ба якдигар гуфтанд: «Биёед, қуръа партоем, то бидонем, ки аз боиси кӣ ин офат ба мо расидааст». Ва қуръа партофтанд, ва қуръа ба номи Юнус афтод.

8 Он гоҳ ба ӯ гуфтанд: «Ба мо бигӯ, ки аз боиси кӣ ин офат ба мо расидааст? Касбу кори ту чист, ва аз куҷо меоӣ? Диёри ту куҷост, ва аз кадом қавм ҳастӣ?»

9 Ва ӯ ба онҳо гуфт: «Ман ибрӣ ҳастам, ва аз Худованд Худои осмон, ки баҳр ва хушкиро офаридааст, метарсам».

10 Ва он одамон сахт ҳаросон шуда, ба ӯ гуфтанд: «Ин чӣ кор аст, ки кардӣ?» Зеро он одамон донистанд, ки ӯ аз пеши Худованд гурехтааст, чунон ки худаш ба онҳо баён намуд.

11 Ва ба ӯ гуфтанд: «Бо ту чӣ кунем, то ки баҳр барои мо сокит шавад?» Зеро ки баҳр беш аз пеш мехурӯшид.

Юнус дар баҳри хурӯшон андохта шуд.

12 Он гоҳ ӯ ба онҳо гуфт: «Маро бардошта, дар баҳр андозед, — ва баҳр барои шумо сокит хоҳад шуд, зеро ман медонам, ки аз боиси ман ин тӯфони бузург ба сари шумо омадааст».

13 Лекин он одамон бошиддат бел задан гирифтанд, то киштиро ба хушкӣ баргардонанд, аммо натавонистанд, зеро ки баҳр беш аз пеш бар зидди онҳо мехурӯшид.

14 Он гоҳ сӯи Худованд нидо карда, гуфтанд: «Лутфан, эй Худованд, аз боиси ҷони ин одам ба ҳалокат нарасем, ва хуни бегуноҳро ба гардани мо намон; зеро ки Ту, эй Худованд, он чи бихостӣ, бикардӣ».

15 Ва Юнусро бардошта, дар баҳр андохтанд; ва баҳр аз талотумаш бозистод.

16 Ва он одамон аз Худованд сахт тарсиданд, ва барои Худованд қурбонӣ карданд, ва назрҳо бастанд.

2

БОБИ ДУЮМ

Моҳии бузург Юнусро фурӯ бурд. Дуои Юнус.

1 Ва Худованд ба моҳии бузурге фармуд, ки Юнусро фурӯ барад; ва Юнус се шабонарӯз дар шиками моҳӣ буд.

2 Ва Юнус аз шиками моҳӣ сӯи Худованд Худои худ дуо кард,

3 Ва гуфт:

«Дар тангии худ сӯи Худованд хондам,

ва маро иҷобат намуд;

аз батни дӯзах истиғоса бурдам,

ва Ту овози маро шунидӣ.

4 Ту маро дар қаър, дар дили баҳрҳо андохтӣ,

ва селоб маро иҳота намуд;

ҳамаи туғьёнҳо ва мавҷҳои Ту бар ман гузашт.

5 Ва ман гуфтам: „Аз назари Ту ронда шудаам;

вале қасри қудси Туро боз хоҳам дид“.

6 Обҳо маро то ба ҷонам фаро гирифт;

варта маро иҳота намуд; обсабза ба сарам печид.

7 То бехи кӯҳҳо нузул кардам;

замин бо ғалақаҳои худ то ба абад пеши роҳамро гирифт;

лекин Ту, эй Худованд Худои ман, ҳаётамро аз дӯзах баровардӣ.

8 Вақте ки ҷонам дар ман аз ҳол мерафт,

Худовандро ба ёд овардам,

ва дуои ман ба даргоҳи Ту, ба қасри қудси Ту расид.

9 Пайравони бутҳои бекора

Эҳсонкунандаи худро тарк мекунанд,

10 Лекин ман бо овози шукрона барои Ту қурбонӣ хоҳам кард;

он чи назр намудаам, адо хоҳам кард.

Наҷот дар дасти Худованд аст!»

11 Ва Худованд ба моҳӣ бигуфт, ва Юнусро ба хушкӣ қай кард.

3

БОБИ СЕЮМ

Пушаймонии Юнус ва мавъизаи муборак дар Нинве.

1 Ва каломи Худованд бори дуюм ба гӯши Юнус расид, ки мегуфт:

2 «Бархез, ба Нинве — шаҳри бузург — бирав ва он чиро, ки Ман ба ту фармудам, дар он мавъиза намо».

3 Ва Юнус бархоста, бар тибқи каломи Худованд ба Нинве рафт; ва Нинве шаҳри бузурги Худо буд, ки дар се рӯз давр мезаданд.

4 Ва Юнус ба даврзании шаҳр сар карда, як рӯз гашт, ва мавъиза намуда, мегуфт: «Баъд аз чил рӯз Нинве хароб хоҳад шуд!»

5 Ва мардуми Нинве ба Худо имон оварданд, ва рӯза эълон карданд, ва аз калонашон то хурдашон палос пӯшиданд.

6 Ва ин гап ба гӯши подшоҳи Нинве расид, ва ӯ аз тахти худ бархоста, ҷомаи салтанатро аз худ дур кард, ва палос пӯшида, бар хокистар нишаст,

7 Ва амр фармуд, ки дар Нинве аз номи подшоҳ ва акобири вай ҷор зада, гӯянд, ки «одамон ва ҳайвонот, говон ва гӯсфандон чизе нахӯранд, ба чарогоҳ нараванд ва об нанӯшанд;

8 Ва одамон ва ҳайвонот палоспӯш шаванд, ва бошиддат сӯи Худо бихонанд, ва ҳар кас аз роҳи бади худ ва аз зулми дастҳои худ тавба кунад;

9 Шояд, Худо руҷӯъ намуда, пушаймон шавад, ва аз ғазаби Худ баргардад, ва мо ба ҳалокат нарасем».

10 Ва Худо аъмоли онҳоро дид, ки аз роҳи бади худ тавба кардаанд; ва Худо аз он офате ки гуфта буд ба онҳо бирасонад, пушаймон шуд, ва нарасонд.

4

БОБИ ЧОРУМ

Маҳзун шудани Юнус. Канадона — рамзи ғамхории хирадмандонаи Худо.

1 Юнус хеле маҳзун шуд, ва қаҳраш омад,

2 Ва сӯи Худованд дуо кард ва гуфт: «Эй Худованд! Оё сухани ман ҳамин набуд, вақте ки ҳанӯз дар диёри худ будам? Барои ҳамин ҳам ба гурехтан ба Таршиш шитоб кардам, зеро медонистам, ки Ту Худои бахшанда ва раҳим, собир ва пур аз эҳсон ҳастӣ, ва аз офат пушаймон мешавӣ.

3 Ва акнун, эй Худованд, ҷони маро аз ман бигир, зеро ки мурданам аз зистанам беҳтар аст».

4 Ва Худованд гуфт: «Оё хуб аст, ки дар қаҳр шавӣ?»

5 Ва Юнус аз шаҳр баромада, аз тарафи шарқии шаҳр нишаст, ва дар он ҷо барои худ хаймае сохта, зери он дар соя нишаст, то бубинад, ки дар шаҳр чӣ воқеа мешавад.

6 Ва Худованд Худо канадонае рӯёнид, ва он ба болои Юнус қад кашид, то ки бар сари ӯ соя афканда, ӯро аз маҳзунияш раҳо кунад; ва Юнус аз канадона бисьёр шод шуд.

7 Ва фардои он, ҳангоми тулӯи шафақи субҳ, Худо ба кирме фармуд, ки канадонаро занад, ва он хушк шуд.

8 Вақте ки офтоб баромад, Худо боди шарқии тафсоне вазонид, ва офтоб сари Юнусро зад, ва ӯ беҳол шуд ва ба худ марг талабида, гуфт: «Мурданам аз зистанам беҳтар аст».

9 Ва Худо ба Юнус гуфт: «Оё хуб аст, ки барои канадона дар қаҳр шавӣ?» Вай гуфт: «Хуб аст, ки то ба дараҷаи марг дар қаҳр шавам».

10 Он гоҳ Худованд гуфт: «Ту канадонаро дареғ медорӣ, ки барои он меҳнат накардаӣ ва онро нарӯёнидаӣ, ки он дар як шаб пайдо шуд ва дар як шаб нобуд шуд:

11 Ва оё Ман Нинверо — ин шаҳри бузургро — дареғ надорам, ки дар он бештар аз дувоздаҳ бевар одамоне ки дасти росту чапи худро наметавонанд фарқ кунанд, ва ҳайвоноти бисьёре низ ҳастанд?»