КИТОБИ

ЮИЛИ НАБӢ

1

БОБИ ЯКУМ

Ҳашарот мамлакатро валангор мекунад.

1 Каломи Худованд, ки бар Юил ибни Фатуил нозил шуд.

2 Инро бишнавед, эй пирон,

ва гӯш андозед, эй ҳамаи сокинони замин!

Оё дар айёми шумо ва ё дар айёми падаронатон чизе мисли ин рӯй додааст?

3 Дар бораи он ба писарони худ ҳикоят кунед,

ва писарони шумо — ба писарони худашон,

ва писарони онҳо — ба насли дигар.

4 Он чи аз гозом * бокӣ монда буд, малах хӯрд,

ва он чи аз малах боқӣ монда буд, елеқ * хӯрд,

ва он чи аз елеқ боқӣ монда буд, ҳасил+ 1:4 гозом; елеқ; ҳасил — номҳои кирмаки малах дар давраҳои гуногуни тараққӣ карда ба малахи калон табдил ёфтани он. хӯрд.

5 Бедор шавед, эй мастон, ва гирья кунед,

ва фиғон кашед, эй ҳамаи майнӯшон,

дар бораи шираи ангур,

ки аз даҳонатон кашида гирифта шудааст!

6 Зеро ки халқи зӯровар ва бешуморе

ба замини ман ҳуҷум карданд;

дандонҳои онҳо дандонҳои шер аст,

ва дандонҳои осиёи онҳо — аз они модашер.

7 Токи маро валангор,

ва анҷири маро нобуд карданд;

пӯсти онро тамоман канда партофтанд;

шохаҳои он сафед шудааст.

8 Мисли дӯшизае ки барои шавҳари ҷавонии

худ палос пӯшида бошад, навҳа намо.

9 Ҳадияи ордӣ ва ҳадияи рехтанӣ

аз хонаи Худованд барҳам хӯрдааст;

коҳинони хизматгузори Худованд мотам гирифтаанд.

10 Саҳро тороҷ гардидааст,

замин мотам гирифтааст,

зеро ки гандум талаф шудааст,

шираи ангур хушкидааст,

зайтун пажмурда шудааст.

11 Зироаткорон ошуфта гардидаанд,

токдорон навҳа карданд дар бораи гандум ва ҷав,

зеро ки ҳосили саҳро нобуд шудааст.

12 Ток хушкидааст,

ва анҷир пажмурда шудааст;

анор ва хурмо ва себ,

ҳамаи дарахтони саҳро хушкидааст,

зеро ки шодмонӣ аз банӣ‐одам ғоиб гардидааст.

13 Палос пӯшида гирья кунед, эй коҳинон,

навҳа намоед, эй хизматгузорони қурбонгоҳ,

омада дар палос шабро гузаронед,

эй хизматгузорони Худои ман!

Зеро ки ҳадияи ордӣ ва ҳадияи рехтанӣ

аз хонаи Худои шумо барҳам хӯрдааст.

14 Рӯза эълон кунед,

маҷлис даъват намоед,

пирон ва ҳамаи сокинони ин заминро

ба хонаи Худованд Худои худ ҷамъ оваред,

ва сӯи Худованд истиғоса баред.

Валангор шудани мамлакат — тимсоли рӯзи Худованд.

15 Вой бар он рӯз!

Зеро ки рӯзи Худованд наздик аст,

ва мисли таҳлукае аз ҷониби Қодир хоҳад омад.

16 Оё озуқа дар пеши назари мо маҳв нашуд,

ва шодию хурсандӣ — аз хонаи Худои мо?

17 Донаҳо дар таҳти кулӯхҳо пӯсид,

махзанҳо холӣ ва анборҳо хароб гардид,

зеро ки гандум нобуд шудааст.

18 Чорпоён чӣ гуна фарьёд мезананд,

ва рамаҳои говон чӣ гуна бетоқатӣ мекунанд,

зеро ки чарогоҳе барояшон нест;

рамаҳои гӯсфандон низ ба ҳоли табоҳ афтодаанд.

19 Сӯи Ту, эй Худованд, мехонам,

зеро ки оташ чарогоҳҳоро сӯзонидааст,

ва аланга ҳамаи дарахтони саҳроро фурӯ бурдааст.

20 Чорпоёни саҳро низ сӯи Ту нола мекунанд,

зеро ки ҷӯйҳои об хушкидааст,

ва оташ чарогоҳҳоро сӯзонидааст.

2

БОБИ ДУЮМ

Таҷовузи душманон аз шимол.

1 Дар Сион шох навозед,

ва дар кӯҳи муқаддаси Ман гулбонг занед,

то ки ҳамаи сокинони ин замин ба ларза оянд,

чунки рӯзи Худованд меояд,

зеро ки наздик аст, —

2 Рӯзи торикӣ ва зулмот,

рӯзи абр ва меғ,

мисли шафақи субҳ,

ки бар кӯҳҳо паҳн шуда бошад:

қавми сершумор ва зӯровар,

ки мисли онҳо аз азал набуд,

ва баъд аз онҳо то абад нахоҳад буд.

3 Пеш аз онҳо оташ месӯзонад,

ва баъд аз онҳо аланга фурӯ мебарад;

пеш аз онҳо боғи Адан аст,

ва баъд аз онҳо — биёбони хароба;

ва назди онҳо чизе боқӣ намемонад.

4 Намуди онҳо мисли намуди аспон аст,

ва онҳо мисли савораҳо метозанд.

5 Мисли гулдур‐гулдури аробаҳо бар қуллаи кӯҳҳо мерақсанд,

мисли чарс‐чарси алангаи оташе ки коҳро месӯзонад,

мисли қавми зӯроваре ки барои ҷанг саф кашида бошанд.

6 Аз дидори онҳо қавмҳо ба ларза меоянд;

ранги ҳамаи рӯйҳо мепарад.

7 Мисли паҳлавонон тохт меоваранд,

мисли мардони ҷангӣ ба ҳисор мебароянд,

ва ҳар яке бо роҳҳои худ равона мешаванд,

ва ҷоддаҳои худро тағьир намедиҳанд.

8 Ва якдигарро фишор намедиҳанд,

ҳар яке бо роҳи худ равона мешаванд,

ва бар найзаҳо меафтанд,

лекин осебе намебинанд.

9 Ба шаҳр ҳамла мекунанд,

ба ҳисор тохт меоваранд,

ба хонаҳо мебароянд,

аз тирезаҳо мисли дузд дохил мешаванд.

10 Пеш аз омаданашон замин ба ларза меояд,

осмон ба ҳаяҷон меафтад,

офтоб ва моҳ тира мешаванд,

ва ситорагон дурахшонии худро гум мекунанд.

11 Ва Худованд овози Худро пеши лашкари Худ баланд мекунад,

зеро ки ӯрдугоҳи Ӯ бағоят азим аст,

зеро ки иҷрокунандаи каломи Ӯ пуриқтидор аст;

зеро ки рӯзи Худованд бузург ва бағоят саҳмгин аст;

ва кист, ки ба он тоб оварда тавонад?

Онҳое ки дар мамлакат боқӣ мондаанд,

ба тавба даъват карда мешаванд.

12 Вале алҳол низ Худованд мегӯяд:

«Бо тамоми дили худ, бо рӯза ва гирья ва навҳа

сӯи Ман руҷӯъ намоед,

13 Ва дилҳои худро чок кунед ва на либосҳои худро».

Ва сӯи Худованд Худои худ руҷӯъ намоед;

зеро ки Ӯ карим ва раҳим,

собир ва пур аз эҳсон аст,

ва аз бадӣ пушаймон мешавад.

14 Эҳтимол дорад, ки Ӯ боз пушаймон шавад,

ва пас аз он баракате боқӣ бигузорад,

яъне ҳадияи ордӣ ва ҳадияи рехтанӣ

барои Худованд Худои шумо.

15 Дар Сион шох навозед,

рӯза эълон кунед, маҷлис даъват намоед.

16 Қавмро ҷамъ кунед, ҷамоатро даъват намоед,

пиронро фароҳам оваред, кӯдакон ва ширмаконро ҷамъ кунед;

бигзор домод аз хуҷраи худ,

ва арӯс аз чимилиқи худ берун ояд.

17 Бигзор коҳинон, хизматгузорони Худованд,

дар миёни равоқ, ва қурбонгоҳ

гирья кунанд ва бигӯянд:

«Бар қавми Худ, эй Худованд, шафқат намо,

ва мероси Худро ба нанг насупор,

мабодо онҳо мавриди истеҳзои халқҳо гарданд;

чаро дар миёни халқҳо бигӯянд,

ки Худои онҳо куҷост?»

Худованд ваъда медиҳад,

ки аз мусибатҳо озод кунад.

18 Ва он гоҳ рашки Худованд барои замини Ӯ хоҳад омад,

ва Ӯ бар қавми Худ шафқат хоҳад кард.

19 Ва Худованд иҷобат намуда, ба қавми Худ хоҳад гуфт:

«Инак, Ман ба шумо гандум ва шираи ангур

ва равғани зайтун мефиристам,

то ки аз он сер шавед;

ва дигар шуморо дар миёни халқҳо нангин нахоҳам кард.

20 Ва душманеро, ки аз шимол омадааст,

аз шумо дур карда, ба замини хушк ва хароба хоҳам ронд:

сафҳои пеши он рӯ ба баҳри шарқӣ,

ва сафҳои охири он рӯ ба баҳри ғарбӣ хоҳад буд,

ва бӯи бади он хоҳад баромад,

ва тааффуни он баланд хоҳад шуд,

зеро ки бисьёр бадӣ кардааст.

21 Натарс, эй замин, шодӣ ва хурсандӣ намо,

зеро ки Худованд бисьёр некӣ кардааст.

22 Натарсед, эй чорпоёни саҳро,

зеро ки чарогоҳҳо месабзад,

дарахт меваи худро меоварад,

анҷир ва ток қуввати худро нишон медиҳанд.

23 Ва шумо, эй писарони Сион,

дар Худованд Худои худ хурсандӣ ва шодӣ кунед,

зеро ки Ӯ борони аввалинро ба шумо ба қадри даркорӣ медиҳад,

ва борони аввалин ва охиринро барои шумо мисли пештара меборонад.

24 Ва хирманҳо аз ғалла пур хоҳад шуд,

ва чархуштҳо аз шираи ангур ва равғани зайтун лабрез хоҳад гардид.

25 Ва барои солҳое ки малах,

елеқ ва ҳасил ва гозом, яъне ӯрдуи азими Ман,

ки бар шумо фиристода будам, хӯрдааст,

ба шумо подош хоҳам дод.

26 Ва шумо хӯроки фаровон хӯрда, сер хоҳед шуд,

ва исми Худованд Худои худро,

ки барои шумо корҳои аҷоиб кардааст,

мадҳ хоҳед гуфт,

ва қавми Ман то абад хиҷил нахоҳанд шуд.

27 Ва хоҳед донист, ки Ман андаруни Исроил мебошам,

ва Ман Худованд Худои шумо ҳастам,

ва дигаре нест,

ва қавми Ман то абад хиҷил нахоҳанд шуд.

Ваъдаи Рӯҳулқудс ва аломатҳои омадани дуюм.

28 Ва баъд аз он чунин воқеъ хоҳад шуд,

ки Ман Рӯҳи Худро бар тамоми башар хоҳам рехт,

ва писарони шумо ва духтарони шумо нубувват хоҳанд намуд;

пирони шумо хобҳо хоҳанд дид,

ҷавонони шумо рӯъёҳо хоҳанд дид.

29 Ва дар он айём бар ғуломон

ва канизони шумо низ Рӯҳи Худро хоҳам рехт.

30 Ва дар осмон ва замин аломот зоҳир хоҳам кард:

хун ва оташ ва сутунҳои дуд.

31 Офтоб ба торикӣ

ва моҳ ба хун табдил хоҳад ёфт,

пеш аз он ки рӯзи азим ва саҳмгини Худованд фаро расад.

32 Ва чунин воқеъ хоҳад шуд,

ки ҳар кӣ исми Худовандро бихонад,

наҷот хоҳад ёфт,

зеро ки дар кӯҳи Сион ва дар Ерусалим,

чунон ки Худованд гуфтааст,

наҷотьёфтагон хоҳанд буд,

ва дар миёни боқимондагон касоне ки Худованд онҳоро хондааст.

3

БОБИ СЕЮМ

Аз нав барқарор кардани Исроил ва доварӣ дар водии Еҳӯшофот.

1 Зеро ки инак, дар он айём ва дар он замон,

ҳангоме ки асирони Яҳудо ва Ерусалимро баргардонида бошам,

2 Ман ҳамаи халқҳоро ҷамъ карда,

ба водии Еҳӯшофот хоҳам овард,

ва дар он ҷо бар онҳо

барои қавми Худ ва мероси Худ — Исроил доварӣ хоҳам намуд,

ки варо онҳо дар миёни халқҳо пароканда сохта,

замини Маро тақсим кардаанд,

3 Ва бар қавми Ман қуръа партофтаанд,

ва писареро дар ивази фоҳиша додаанд,

ва духтареро дар ивази шароб фурӯхтаанд,

то ки бинӯшанд.

4 Ва шумо низ, эй Сӯр ва Сидӯн ва ҳамаи ноҳияҳои Фалиштӣ, дар ҳаққи Ман чиҳо кардед? Оё шумо мехоҳед Маро ба ҷазо мустаҳиқ намоед? Ва агар шумо Маро ба ҷазо мустаҳиқ намоед, Ман бо осонӣ ва ба зудӣ ҷазои шуморо ба саратон хоҳам баргардонид.

5 Азбаски шумо нуқра ва тиллои Маро гирифтед, ва беҳтарин колои гаронбаҳои Маро ба қасрҳои худ даровардед,

6 Ва писарони Яҳудо ва писарони Ерусалимро ба писарони юнониён фурӯхтед, то ки онҳоро аз ҳудудашон дур кунед, —

7 Инак, Ман онҳоро аз маконе ки онҳоро ба он ҷо фурӯхтед, хоҳам бархезонид, ва ҷазои шуморо ба саратон хоҳам баргардонид,

8 Ва писарону духтарони шуморо ба дасти писарони Яҳудо хоҳам фурӯхт, то ки онҳоро ба шабоиён, ба халқи дурдасте бифрӯшанд, зеро ки Худованд гуфтааст.

9 Инро дар миёни халқҳо эълон кунед,

омодаи ҷанг шавед, паҳлавононро бархезонед;

бигзор ҳамаи мардони ҷангӣ бархоста, наздик оянд.

10 Позаҳои худро барои шамшерҳо,

ва досколаҳои худро барои найзаҳо бишканед;

бигзор камқувват гӯяд: „Ман паҳлавон ҳастам“.

11 Шитоб намоед ва биёед, эй ҳамаи халқҳои гирду атроф, ва ҷамъ шавед;

паҳлавонони Худро, эй Худованд, ба он ҷо фурӯд овар.

12 Бигзор халқҳо бархоста, ба водии Еҳӯшофот биёянд,

зеро ки Ман дар он ҷо хоҳам нишаст,

то ки бар ҳамаи халқҳои гирду атроф доварӣ намоям.

13 Досро ба кор андозед, зеро ки ҳосил расидааст; биёед,

пахш кунед, зеро ки ангурдон пур шудааст,

чархуштҳо лабрез гардидааст, зеро ки шарорати онҳо азим аст.

14 Издиҳомҳо, издиҳомҳо дар водии доварӣ;

зеро ки рӯзи Худованд дар водии доварӣ наздик аст.

15 Офтоб ва моҳ тира мешаванд,

ва ситорагон дурахшонии худро гум мекунанд.

16 Ва Худованд аз Сион наъра мезанад,

ва аз Ерусалим овози Худро мебарорад,

ва осмону замин ба ларза меоянд;

вале Худованд паноҳгоҳ барои қавми Худ,

ва истеҳком барои банӣ‐Исроил хоҳад буд.

Яҳудо то абад маскун хоҳад шуд.

17 Ва хоҳед донист, ки Ман Худованд Худои шумо ҳастам,

ки дар кӯҳи муқаддаси Худ — Сион сукунат дорам;

ва Ерусалим муқаддас хоҳад буд,

ва бегонагон дигар аз он гузар нахоҳанд кард.

18 Ва дар он рӯз чунин воқеъ хоҳад шуд,

ки аз кӯҳҳо оби ангур хоҳад чакид,

ва бар талҳо шир ҷорӣ хоҳад шуд,

ва ҳамаи рӯдхонаҳои Яҳудо пуроб хоҳанд гардид,

ва чашмае аз хонаи Худованд берун омада,

водии Шиттимро сероб хоҳад кард.

19 Миср вайрона хоҳад шуд,

ва Адӯм ба биёбони хароба табдил хоҳад ёфт,

аз боиси зулме ки дар ҳаққи банӣ‐Яҳудо карданд,

яъне хуни бегуноҳонро дар замини онҳо рехтанд.

20 Валекин Яҳудо то абад маскун хоҳад шуд,

ва Ерусалим — то абадуддаҳр.

21 Ва Ман интиқоми хуни онҳоро, ки ҳанӯз нагирифтаам, хоҳам гирифт,

ва Худованд дар Сион сукунат хоҳад дошт».