КИТОБИ
АЙЮБ
1БОБИ ЯКУМ
Симои маънавии Айюб, дороӣ ва порсоии ӯ.
1 Марде дар замини Ус буд, ки Айюб ном дошт, ва он мард беайб ва росткор ва худотарс буд ва аз бадӣ дур мешуд.
2 Ва ба ӯ ҳафт писар ва се духтар таваллуд ёфтанд.
3 Ва чорвои ӯ аз ҳафт ҳазор бузу гӯсфанд ва се ҳазор шутур ва панҷсад ҷуфт гов ва панҷсад модахар иборат буд, ва ӯ ғуломону канизони бағоят зиёде дошт; ва ин мард аз тамоми аҳли шарқ бузургтар буд.
4 Ва писарони ӯ рафта, дар хонаи ҳар яке дар рӯзи вай базм барпо мекарданд, ва кас фиристода, се хоҳари худро даъват менамуданд, то ки бо онҳо бихӯранд ва бинӯшанд.
5 Ва ҳангоме ки давраи рӯзҳои базм анҷом меёфт, Айюб кас фиристода, онҳоро такдис менамуд, ва саҳаргоҳон бархоста, мувофиқи адади ҳамаи онҳо қурбониҳои сӯхтанӣ мебаровард, зеро ки Айюб мегуфт: «Шояд, писаронам хато карда, Худоро дар дили худ хорӣ дода бошанд». Айюб ҳама вақт чунин амал мекард.
Шайтон ба порсоии Айюб некӯаҳволии ӯро сабаб нишон медиҳад.
6 Ва рӯзе воқеъ шуд, ки писарони Худо+ 1:6 Фариштагон. омаданд, то ки пеши Худованд ҳозир шаванд; ва шайтон низ дар миёни онҳо омад.
7 Ва Худованд ба шайтон гуфт: «Аз куҷо омадӣ?» Ва шайтон ба Худованд ҷавоб гардонда, гуфт: «Аз давр задан бар замин ва аз гаштугузор кардан бар он».
8 Ва Худованд ба шайтон гуфт: «Оё ба бандаи Ман Айюб диққат додӣ, ки мисли ӯ марди беайб ва росткор ва худотарсе ки аз бадӣ дур мешавад, бар замин нест?»
9 Ва шайтон ба Худованд ҷавоб гардонда, гуфт: «Оё Айюб бесабаб аз Худо метарсад?
10 Оё Ту барои ӯ ва барои хонаи ӯ ва барои ҳар чизе ки ӯ дорад, гирдогирд ҳисор насохтаӣ? Амали дастҳои ӯро Ту баракат додаӣ, ва чорвои ӯ бар замин паҳн шудааст.
11 Аммо дасти Худро дароз карда, ба ҳар чизе ки ӯ дорад, бизан, — Туро ба ҳузурат дашном хоҳад дод».
12 Ва Худованд ба шайтон гуфт: «Инак, ҳар чизе ки ӯ дорад, дар дасти туст, фақат ба худи ӯ дасти худро дароз накун». Ва шайтон аз пеши Худованд рафт.
13 Ва рӯзе воқеъ шуд, ки писарон ва духтарони Айюб дар хонаи бародари нахустзодаи худ мехӯрданд ва шароб менӯшиданд.
14 Ва қосиде назди Айюб омада, гуфт: «Говҳо шудгор мекард, ва модахарҳо дар паҳлуи онҳо мечарид,
15 Ва мардуми Сабо ҳуҷум карда, онҳоро гирифтанд, ва навкаронро ба дами шамшер заданд; ва танҳо ман раҳо шудам, то ки ба ту хабар диҳам».
16 Ҳанӯз вай сухан меронд, ки дигаре омада, гуфт: «Оташи Худо аз осмон афтода, бузу гӯсфандон ва навкаронро сӯзонд, ва онҳоро нобуд кард; ва танҳо ман раҳо шудам, то ки ба ту хабар диҳам».
17 Ҳанӯз вай сухан меронд, ки дигаре омада, гуфт: «Калдониён се даста шуда, ба шутурҳо ҳамла оварданд ва онҳоро гирифтанд, ва навкаронро ба дами шамшер заданд; ва танҳо ман раҳо шудам, то ки ба ту хабар диҳам».
18 Ҳанӯз вай сухан меронд, ки дигаре омада, гуфт: «Писарон ва духтарони ту дар хонаи бародари нахустзодаи худ мехӯрданд ва шароб менӯшиданд,
19 Ва инак, боди азиме аз ҷониби биёбон омада, чор кунҷи хонаро фаро гирифт, ва он бар ҷавонон фурӯ рафт, ва онҳо мурданд; ва танҳо ман раҳо шудам, то ки ба ту хабар диҳам».
20 Он гоҳ Айюб бархоста, ҷомаи худро чок зад, ва мӯйсари худро гирифт, ва бар замин афтода, саҷда бурд.
21 Ва гуфт: «Аз батни модари худ бараҳна берун омадам, ва ба он ҷо бараҳна хоҳам баргашт. Худованд дод, ва Худованд гирифт. Исми Худованд муборак бод»!
22 Дар ҳамаи ин Айюб хатое накард, ва аз Худо шикоят нанамуд.
2БОБИ ДУЮМ
Айюб бори дуюм ба ихтиёри шайтон супурда шуд.
1 Ва рӯзе воқеъ шуд, ки писарони Худо омаданд, то ки пеши Худованд ҳозир шаванд; ва шайтон низ дар миёни онҳо омад, то ки пеши Худованд ҳозир шавад.
2 Ва Худованд ба шайтон гуфт: «Аз куҷо омадӣ?» Ва шайтон ба Худованд ҷавоб гардонда, гуфт: «Аз давр задан бар замин ва аз гаштугузор кардан бар он».
3 Ва Худованд ба шайтон гуфт: «Оё ба бандаи Ман Айюб диққат додӣ, ки мисли ӯ марди беайб ва росткор ва худотарсе ки аз бадӣ дур мешавад, бар замин нест? Ва ӯ ҳанӯз ба беайбии худ қоим аст, ва ҳол он ки ту Маро бар зидди ӯ барангехтӣ, то ӯро бесабаб нобуд кунам».
4 Вале шайтон ба Худованд ҷавоб гардонда, гуфт: «Пӯст дар ивази пӯст аст, ва ҳар чизе ки одамизод дорад, барои ҷони худ хоҳад дод;
5 Аммо дасти Худро дароз карда, ба устухон ва гӯшти ӯ бизан, — Туро ба ҳузурат дашном хоҳад дод».
6 Ва Худованд ба шайтон гуфт: «Инак, ӯ дар дасти туст; фақат ҷони ӯро нигоҳдорӣ намо».
7 Ва шайтон аз пеши Худованд рафт, ва Айюбро аз кафи нояш то фарқи сараш ба махави сахт гирифтор кард.
8 Ва ӯ сафолпорае гирифт, то ки худро бо он бихорад, дар ҳолате ки андаруни хокистар нишаста буд.
Айюб ва зани ӯ.
9 Ва занаш ба ӯ гуфт: «Оё ту ҳанӯз ба беайбии худ қоим ҳастӣ? Худоро дашном деҳ ва бимир».
10 Вале ӯ ба вай гуфт: «Ту мисли яке аз сифлагон сухан меронӣ; наход ки некиро аз Худо қабул кунему бадиро қабул накунем?» Дар ҳамаи ин Айюб бо лабҳои худ хатое накард.
Айюб ва се дӯсти ӯ.
11 Вақте ки се дӯсти Айюб тамоми ин бадиеро, ки ба сари ӯ омада буд, шуниданд, ҳар яке аз макони худ: Алифози Темонӣ ва Билдоди Шуҳӣ ва Сӯфори Наъмотӣ роҳсипор гардида, муттафиқ шуданд, ки бо ҳамдигар омада, ба ӯ ҳамдардӣ изҳор намоянд ва ӯро тасаллӣ диҳанд.
12 Чун аз дур чашм андохта, ӯро нашинохтанд, овози худро баланд карда, гиристанд, ва ҳар яке ҷомаи худро чок заданд, ва хок бар сари худ сӯи осмон пошиданд.
13 Ва ҳафт рӯзу ҳафт шаб бо ӯ бар замин нишастанд, ва касе ба ӯ сухане нагуфт, зеро диданд, ки дарди ӯ бағоят сахт аст.
3БОБИ СЕЮМ
Нутқи якуми Айюб. Шикоят ва андӯҳи ӯ.
1 Баъд аз он Айюб даҳони худро кушода, рӯзи худро нафрин кард.
2 Ва Айюб нидо карда, гуфт:
3 «Нест бод рӯзе ки дар он таваллуд ёфтам,
ва шабе ки дар он гуфта шуд:
„Наринае ба вуҷуд омад!“
4 Бигзор он рӯз тира шавад,
онро Худо аз афроз ба ҳисоб наоварад,
ва рӯшноӣ бар он надурахшад!
5 Бигзор онро тирагӣ ва зулмот фурӯ барад,
абр бар он сокин шавад,
кусуфоти рӯз онро дар даҳшат андозад!
6 Бигзор он шабро торикӣ дар бар гирад,
он ба рӯзҳои сол шарик нашавад,
ба шумораи моҳҳо дохил нагардад!
7 Инак, бигзор он шаб нозой бошад,
таронасароӣ дар он шунида нашавад!
8 Бигзор онро нафринкунандагони рӯз,
ки метавонанд аждарро бедор кунанд, лаънат гӯянд!
9 Бигзор ситораҳои шоми он тира шавад,
он ба нуре интизорӣ барад, — вале набошад,
ва бигзор мижгони саҳарро набинад,
10 Барои он ки дарҳои батни модарамро набаст
ва азобро аз чашмонам пинҳон накард!
11 Чаро вақте ки аз батн берун омадам, намурдам?
Ва ҳангоме ки аз раҳим баромадам, ҷон надодам?
12 Чаро зонуҳо маро қабул кард?
Ва чаро ба ман сина доданд, ки бимакам?
13 Дар он сурат ҳоло мехобидам ва фароғат менамудам,
хоб мекардам ва ором меёфтам,
14 Бо подшоҳон ва мушовирони замин,
ки барои худ вайронаҳоро бино мекунанд;
15 Ё бо мирон, ки тилло доштаанд,
ва хонаҳои худро аз нуқра пур кардаанд;
16 Ё мисли афгонаи гӯронидашудае номавҷуд мебудам,
мисли тифлоне ки рӯшноиро надидаанд.
17 Дар он ҷо шарирон хашмгиниро бас мекунанд,
ва дар он ҷо бемаҷолон ором меёбанд.
18 Бандиён бо якҷоягӣ роҳат мекунанд,
овози назоратчиро намешунаванд.
19 Хурд ва калон дар он ҷо баробаранд,
ва ғулом аз оғои худ озод аст.
20 Чаро рӯшноӣ ба сиёҳбахт дода мешавад,
ва зиндагӣ ба касони талхком,
21 Ки онҳо ба марг интизорӣ мебаранд, ва он намеояд,
ва онро бештар аз ганҷ ҷустуҷӯ менамоянд,
22 Ва ҳар гоҳ, ки қабр пайдо кунанд,
шодикунон ба ваҷд меоянд ва хурсанд мешаванд?
23 Чаро зиндагӣ ба марде дода мешавад, ки роҳаш гум шудааст,
ва Худо дар гирдогирди ӯ хорбанд сохтааст?
24 Пеш аз нони ман оҳу воҳи ман меояд,
ва наъраҳоям мисли об ҷараён дорад.
25 Зеро тарсу биме ки доштам, бар ман ғолиб шуд,
ва чизе ки аз он метарсидам, ба сарам омад.
26 Маро осоиш нест, ва оромӣ нест,
ва фароғат нест, ва мусибат фаро расидааст».
4БОБИ ЧОРУМ
Нутқи якуми Алифоз.
1 Ва Алифози Темонӣ ҷавоб гардонда, гуфт:
2 «Агар касе кӯшиш намуда ба ту сухане гӯяд,
оё тоқати шунидан дорӣ?
Вале кист, ки тавонад аз сухан гуфтан худдорӣ кунад?
3 Инак, ту бисьёр касонро панд додаӣ,
ва дастҳои бемадорро тақвият намудаӣ.
4 Суханони ту рӯҳафтодаро ба по мехезонд,
ва зонуҳои ларзонро ту қувват мебахшидӣ.
5 Вале акнун ба сари худат омадааст, ва ту бетоқат шудаӣ;
навбат ба худат расидааст, ва ту аз рӯҳ афтодаӣ.
6 Оё таваккали ту ба худотарсии ту
ва умеди ту ба беайбии роҳҳои ту нест?
7 Як мулоҳиза намо: кист, ки бегуноҳ бошад,
ва талаф шуд?
Ва росткорон дар куҷо нобуд шуданд?
8 Чунон ки ман дидаам, касоне ки барои хабосат шудгор
намуда,
ноинсофиро кишт мекунанд, ҳосили онро медараванд;
9 Аз нафаси Худо талаф мешаванд,
ва аз дами ғазаби Ӯ маҳв мегарданд.
10 Наъраи шер, ва овози арсалон,
ва дандонҳои шербачаҳо мешиканад;
11 Наррашер, ки нахҷире намеёбад, талаф мешавад,
ва бачаҳои модашер пароканда мешаванд.
12 Ва пеши ман чизе махфӣ зоҳир шуд,
ва гӯши ман пичирросе аз ҷониби он шунид.
13 Дар миёни андешаҳое ки аз рӯъёҳои шаб пайдо
мешавад,
вақте ки одамонро хоб зер мекунад,
14 Маро тарсу ларз фаро гирифта,
ҳамаи устухонҳоямро ба ларза андохт.
15 Ва рӯҳе аз пешам гузашт;
мӯйҳои баданам сих шуд.
16 Ӯ рост истод, вале шамоилашро нашинохтам,
фақат сурате дар пеши назарам буд;
хомӯшӣ ҳукмфармо буд, ва овозе шунидам:
17 „Оё инсон ба ҳузури Худо одил мешавад?
Оё мард ба ҳузури Офаридагори худ пок мешавад?“
18 Модоме ки Ӯ ба бандагони Худ эътимод надорад,
ва дар фариштагони Худ нуқсон меёбад,
19 Чӣ қадар зиёдтар дар сокинони хонаҳои гилин,
ки асосашон хок аст,
ва мисли куя зуд маҳв мешаванд:
20 Аз субҳ то шом пора‐пора гардида, ба сурати абадӣ
талаф мешаванд,
бе он ки касе ба онҳо диққат диҳад.
21 Оё риштаи ҳаёташон дар онҳо бурида намешавад?
Ва онҳо мемиранд, дар ҳолате ки ҳикмат пайдо
намекунанд.
5БОБИ ПАНҶУМ
Давоми он.
1 Пас, даъват намо, вале кист, ки ба ту ҷавоб гардонад?
Ва ту ба кадоме аз муқаддасон муроҷиат хоҳӣ кард?
2 Зеро ки хашм беақлро мекушад,
ва ҳасад соддалавҳро ба ҳалокат мерасонад.
3 Ман дидаам, ки беақле реша медавонд,
ва ногаҳон маскани ӯ гирифтори бало шуд.
4 Фарзандони ӯ аз наҷот маҳрум мешаванд,
ва назди маҳкама озор мекашанд,
ва халоскунандае нест,
5 Дар сурате ки ҳосилоти ӯро гуруснагон мехӯранд,
ва аз даруни хорбандҳо онро чида мегиранд,
ва ғоратгарон молу мулки ӯро фурӯ мебаранд.
6 Зеро ки ҷафо аз хок намерӯяд,
ва азоб аз замин намесабзад,
7 Балки одамизод барои азоб зоида мешавад,
чунон ки шарораҳо парида боло мебароянд.
8 Аммо ман ба Худо илтиҷо менамудам,
ва даъвои худро ба Худо месупурдам,
9 Ки Ӯ корҳои бузурги беҳадду ҳисобе мекунад,
корҳои аҷоибе ки сону шумор надорад:
10 Ӯ бар рӯи замин борон медиҳад,
ва бар рӯи саҳроҳо об мефиристад.
11 Ӯ афтодагонро ба мартабаи баланд мерасонад,
ва ғамзадагон наҷот ёфта, сарбаланд мешаванд.
12 Ӯ дасисаҳои маккоронро вайрон мекунад,
ва дастҳошон ноил намешавад.
13 Ӯ хирадмандонро ба макри худашон гирифтор мекунад,
ва машварати каҷкорон барбод меравад;
14 Онҳо рӯзона ба торикӣ дучор меоянд,
ва пешингоҳ, мисли он ки шаб бошад, даст‐дасткунон роҳ мераванд.
15 Ӯ бенаворо аз шамшери даҳони онҳо
ва аз дасти зӯровар наҷот медиҳад.
16 Ва умеде барои бемаҷол пайдо мешавад,
ва ноинсофӣ даҳони худро мебандад.
17 Инак, хушо касе ки Худо варо танбеҳ намудааст!
Пас, ҷазои Қодирро рад накун,
18 Зеро ки Ӯ маҷрӯҳ мекунад ва Худаш ҷароҳатбандӣ менамояд;
Ӯ зарба медиҳад, ва дасти Худаш шифо мебахшад;
19 Дар шаш мусибат туро раҳо мекунад,
ва дар ҳафтумаш ба ту осеб намерасад;
20 Дар вақти қаҳтӣ туро аз мурдан халос мекунад,
ва дар ҷанг аз дасти шамшер.
21 Аз пеши забон пинҳон хоҳӣ шуд, ва аз фалокат,
вақте ки ояд, нахоҳӣ тарсид.
22 Бар тороҷ ва бар қаҳтӣ хоҳӣ хандид,
ва аз ҳайвоноти замин нахоҳӣ тарсид,
23 Зеро ки бо сангҳои саҳро ту иттифоқ хоҳӣ кард,
ва ҳайвоноти саҳро бо ту сулҳ хоҳанд баст.
24 Ва хоҳӣ донист, ки хаймаи ту саломат аст,
ва чун маскани худро тафаққуд намоӣ, чизе камӣ нахоҳад кард.
25 Ва хоҳӣ донист, ки насли ту сершумор аст,
ва авлоди ту мисли алафи замин.
26 Ва дар куҳансолӣ ба қабр хоҳӣ рафт, мисли бандҳои ғалла,
ки дар мавсимаш ғарам карда мешавад.
27 Он чи мо тафтиш кардаем, ин ҷост, ва он дуруст аст;
пас ту онро бишнав, ва барои худ бидон».
6БОБИ ШАШУМ
Айюб ба Алифоз ҷавоб мегардонад ва дилсӯзии ӯро металабад.
1 Ва Айюб ҷавоб гардонда, гуфт:
2 «Кошки ғуссаи ман баркашида мешуд,
ва азоби маро бо он бар тарозу мегузоштанд!
3 Зеро ки ҳоло он аз реги дарьёҳо вазнинтар аст,
бинобар ин суханонам сахт аст.
4 Зеро ки тирҳои Қодир андаруни ман аст,
ки заҳри онҳоро рӯҳи ман мечашад;
даҳшатҳои Худо бар зидди ман саф бастааст.
5 Оё гӯрхар дар алафзор ҳанг мезанад?
Оё наргов дар сари охури худ маос мезанад?
6 Оё чизи бемазаро намак назада мехӯранд?
Оё сафедии тухм таъм дорад?
7 Ҷони ман аз даст расондан ба ин чизҳо нафрат дорад:
онҳо мисли чиркоби ҷисми ман аст.
8 Кошки орзуи ман ба амал меомад,
ва Худо умеди маро ба иҷро мерасонд!
9 Ва Худо таваҷҷӯҳ намуда, маро маҳв мекард,
ва дасти Худро дароз карда, риштаи умри маро мебурид!
10 Ва ин барои ман боз як тасаллӣ мешуд,
ва ман дар азияти беамони худ аз он дилхуш мешудам,
ки суханони Қуддусро инкор накардаам.
11 Ман чӣ куввате дорам, ки умедвор шавам?
Ва чӣ муроде дорам, ки сабр пеша кунам?
12 Оё қуввати ман қуввати сангҳост?
Оё ҷисми ман аз мис аст?
13 Оё ман комилан бемаҷол нестам,
ва тавфиқ аз ман дур нашудааст?
14 Маъюс аз ҷониби ёраш сазовори марҳамат аст,
агарчи тарси Қодирро тарк карда бошад.
15 Бародарони ман мисли селоб бевафогӣ карданд,
мисли маҷрои селҳое ки гузашта мераванд,
16 Ки онҳо аз ях тираранг мебошанд,
ва барф дар онҳо ниҳон аст;
17 Вале дар ҳавои гарм ҷорӣ шуда, торафт камоб мегарданд,
ва дар авҷи гармо аз ҷои худ нопадид мешаванд;
18 Самтҳои роҳи худро каҷу килеб мекунанд ва буғ гардида,
ба дараҷаи нестӣ мерасанд.
19 Қофилаҳои Темо ба онҳо назар медӯзанд,
корвонҳои Шабо ба онҳо умед мебанданд,
20 Аммо аз умеди худ хиҷил мешаванд:
ба он ҷо омада, ноумед мешаванд.
21 Акнун шумо низ монанди он шудаед:
даҳшатро дида, тарсидаед.
22 Оё ман гуфтаам: „Чизе ба ман бибахшед?
Ва аз молу мулки худ ришвае барои ман бидиҳед?
23 Ва маро аз дасти душман халос кунед?
Ва фидия дода маро аз дасти мустабидон бихаред?“
24 Маро таълим диҳед, ва ман хомӯш хоҳам монд;
ба ман бифаҳмонед, ки чӣ ғалате кардаам?
25 Чӣ пурзӯр аст суханони ростӣ!
Вале танбеҳи шумо чиро исбот мекунад?
26 Оё гумон мекунед, ки суханон барои исбот кофист?
Ва гуфтори маъюс мисли бод аст?
27 Дар ҳаққи ятим қуръа мепартоед,
ва ёри худро асбоби харидуфурӯш мегардонед.
28 Ва акнун марҳамат карда ба ман назар андозед,
ва ман дар пеши шумо дурӯғ нахоҳам гуфт.
29 Баргардед, то ки ноинсофӣ нашавад.
Ва боз баргардед, чунки адолати ман яқин аст.
30 Оё дар забони ман ноинсофӣ ҳаст?
Магар коми ман суханони фитнаангезро фарқ намекунад?
7БОБИ ҲАФТУМ
Давоми нутқи Айюб.
1 Оё ҳаёти одамизод бар замин пурмашаққат нест,
ва рӯзҳои ӯ мисли рӯзҳои муздур нест?
2 Чунон ки ғулом иштиёқманди соя аст,
ва чунон ки муздур умедвори музди худ мебошад,
3 Ончунон моҳҳои пуразоб насиби ман гардидааст,
ва шабҳои пуризтироб барои ман таъин шудааст.
4 Вақте ки мехобам, мегӯям:
„Кай мехеста бошам?“
Ва шаб кашол меёбад,
ва ман гирифтори бедорхобӣ шуда, то субҳидам аз паҳлу ба паҳлу мегардам.
5 Ҷисми ман бо кирмҳо ва лӯндаҳои хок пӯшида шудааст;
пӯсти ман мекафад ва рим мекунад.
6 Рӯзҳои ман аз моку тезравтар аст,
ва бо ноумедӣ анҷом меёбад.
7 Ба ёд овар, ки ҳаёти ман бод аст,
ва чашми ман некиро дигар нахоҳад дид.
8 Чашми касе ки маро дидааст, маро дигар нахоҳад дид;
чашмони Ту сӯи ман назар хоҳад кард, — ва дигар нахоҳам буд.
9 Чунон ки абр пароканда шуда, нопадид мегардад,
ончунон касе ки ба гӯр фурӯ меравад, боло нахоҳад баромад,
10 Ба хонаи худ дигар нахоҳад баргашт,
ва маконаш дигар ӯро нахоҳад шинохт.
11 Ман низ даҳони худро нахоҳам боздошт,
аз тангии рӯҳи худ сухан хоҳам ронд,
аз талхии ҷони худ шиква хоҳам кард.
12 Оё ман дарьё ҳастам, ё наҳанг,
ки бар ман посбон гузоштаӣ?
13 Вақте ки мегӯям: „Ҷойхобам маро тасаллӣ хоҳад дод, ва бистарам андӯҳи маро хоҳад бардошт“, —
14 Ту маро бо хобҳо метарсонӣ,
ва бо рӯъёҳо дар даҳшат меандозӣ,
15 Ва он гоҳ ҷони ман хафақонро,
яъне маргро аз ин устухонҳои ман афзал медонад.
16 Аз ҷон безор шудаам, то абад зиндагӣ нахоҳам кард;
маро тарк намо, зеро ки рӯзҳоям ҳеҷу пуч аст.
17 Чист инсон, ки ӯро писанд кунӣ,
ва ба ӯ диққат диҳӣ,
18 Ва ҳар субҳ ӯро тафаққуд намоӣ,
ва ҳар лаҳза ӯро биозмоӣ?
19 То ба кай аз ман рӯй намегардонӣ, маро вонамегузорӣ,
то ки оби даҳони худро фурӯ барам?
20 Ҳатто гуноҳ карда бошам ҳам, ба Ту, эй нигаҳбони одамизод, чӣ метавонам бикунам?
Чаро маро ҳадафи Худ гардондаӣ,
ба тавре ки ман барои худ бори гарон шудаам?
21 Ва чаро ҷиноятамро намеомурзӣ,
ва аз гуноҳам намегузарӣ?
Зеро ки ҳоло дар хок хоҳам хобид,
ва маро хоҳӣ ҷуст, — ва дигар нахоҳам буд».
8БОБИ ҲАШТУМ
Нутқи якуми Билдод, ки Айюбро риёкор мешуморад.
1 Ва Билдоди Шуҳӣ ҷавоб гардонда, гуфт:
2 «То ба кай чунин суханонро хоҳӣ гуфт?
Ва гуфтори даҳонат боди пурталотуме хоҳад буд?
3 Оё Худо дар доварӣ каҷкорӣ менамояд?
Ва Қодир адолатро каҷ мекунад?
4 Модоме ки писаронат назди Ӯ хато кардаанд,
Ӯ онҳоро ба дасти гуноҳашон супурдааст.
5 Агар ту Худоро биҷӯӣ,
ва аз Қодир илтиҷо намоӣ,
6 Ва агар ту пок ва росткор бошӣ,
яқин аст, ки Ӯ бар ҳифзи ту хоҳад бархост,
ва маскани адли туро мукаммал хоҳад кард.
7 Ва агар аввали ту назарногир бошад,
охири ту бағоят нашъунамо хоҳад ёфт.
8 Зеро ки аз наслҳои қадим бипурс,
ва ба тадқиқоти падарони онҳо диққат намо:
9 Мо дирӯза ҳастем, ва чизе намедонем,
чунки рӯзҳои мо сояе бар замин аст.
10 Онҳо, охир, туро таълим хоҳанд дод, ба ту хоҳанд гуфт,
ва суханонро аз таҳти дили худ берун хоҳанд овард.
11 Оё най бе ботлоқ қад мекашад?
Оё қамиш бе об нумӯ мекунад?
12 Ҳанӯз дар айни таровати худ, бе он ки бурида шуда бошад,
пеш аз ҳар алаф хушк мешавад.
13 Чунин аст тариқи ҳамаи худобехабарон;
ва умеди кофир нест хоҳад шуд,
14 Ки худбоварии ӯ решакан мешавад,
ва паноҳгоҳи ӯ хонаи анкабӯт аст:
15 Бар хонаи худ такья мекунад, вале наметавонад истодагӣ намояд;
онро сахт медорад, вале наметавонад қоим бошад.
16 Пеши офтоб нахл сабзу хуррам аст,
ва навдаҳояш бар рӯи боғаш паҳн мешавад,
17 Решаҳояш назди чашма ба ҳам мепечад,
аз миёни сангҳо гузашта меравад,
18 Аммо агар аз ҷои худ канда шавад,
ҷояш онро инкор карда, мегӯяд: „Туро надидаам!“
19 Ана ҳамин аст шодмонии роҳи он!
Ва аз хок дигарон хоҳанд сабзид.
20 Инак, Худо беайбро тарк наменамояд,
ва бадкешонро дастгирӣ намекунад.
21 Ӯ боз даҳонатро аз ханда пур хоҳад кард,
ва лабҳоятро аз нидои шодмонӣ.
22 Бадхоҳонат пероҳани хиҷолат дар бар хоҳанд кард,
ва хаймаи шарирон маҳв хоҳад шуд».
9БОБИ НӮҲУМ
Айюб ба Билдод ҷавоб мегардонад: ӯ гуноҳкор аст, лекин на риёкор.
1 Ва Айюб ҷавоб гардонда, гуфт:
2 «Яқин медонам, ки чунин аст,
вале инсон чӣ гуна ба ҳузури Худо одил шавад?
3 Агар бихоҳад бо Ӯ баҳс кунад,
яке аз ҳазор ҳам ба вай ҷавоб нахоҳад дод.
4 Ӯ донодил ва бо қуввати Худ ҷасур аст;
кист, ки бар зидди Ӯ қиём карда, саломат монда бошад?
5 Ӯ кӯҳҳоро мекӯчонад, ва намефаҳманд;
дар ғазаби Худ онҳоро чаппа мекунад.
6 Заминро аз ҷои он меҷунбонад,
ва сутунҳои он ба ларза меояд.
7 Ба офтоб амр мефармояд, ва он тулӯъ намекунад;
ва ситорагонро мӯҳр мезанад.
8 Танҳо Худаш осмонро мегустаронад,
ва бар баландиҳои баҳр қадамгузор мешавад.
9 Дубби Акбар, Ҷаббор ва Парвин ва бурҷҳои ҷанубро офаридааст.
10 Корҳои бузурги беҳадду ҳисобе мекунад,
ва корҳои аҷоибе ки сону шумор надорад.
11 Инак, аз пешам убур менамояд, вале Ӯро намебинам;
ва бодвор гузашта меравад, вале Ӯро пайхас намекунам.
12 Инак, мерабояд; кист, ки Ӯро боздорад?
Кист, ки ба Ӯ бигӯяд: „Чӣ мекунӣ“?
13 Худо ғазаби Худро бознамедорад;
мададгорони раҳаб+ 9:13 Раҳаб — аждаҳо (ҳайвони бадҳайбати афсонавӣ, ки бар зидди Худо қиём карда, мағлуб шудааст). зери пои Ӯ пахш мешаванд.
14 Алалхусус ман магар метавонам ба Ӯ ҷавоб гардонам,
ва суханони худро ба ҳузури Ӯ интихоб намоям?
15 Ҳарчанд ҳақ ба ҷониби ман бошад ҳам, ҷуръат надорам ҷавоб гардонам,
балки назди Довари худ тазаррӯъ хоҳам кард.
16 Агар Ӯро мехондам, ва Ӯ ба ман ҷавоб медод,
— бовар намекардам, ки овози маро шунидааст,
17 Чунки Ӯ маро бо тундбоди хашмаш шикаст медиҳад,
ва ҷароҳатҳои маро бесабаб афзун мекунад,
18 Маро намегузорад, ки нафаси худро рост кунам,
балки маро аз талхиҳо сер мекунад.
19 Агар ин бо қувват вобаста бошад, инак Ӯ ҷасур аст,
ва агар бо доварӣ вобаста бошад, кист, ки маро хабар кунад?
20 Агар худро сафед кунам, даҳонам маро айбдор менамояд;
ва агар беайб бошам, Ӯ маро каҷкор мешуморад.
21 Ман беайб ҳастам,
ғами ҷони худро намехӯрам,
аз зиндагии худ безор шудаам.
22 Фарқ надорад, бинобар ин мегӯям,
ки Ӯ беайб ва шарирро ба ҳалокат мерасонад.
23 Агар тозиёна баногоҳ бикушад,
ба яъси бегуноҳон Ӯ истеҳзо мекунад.
24 Замин ба дасти шарир дода шудааст;
вай рӯи доварони онро мепӯшонад.
Агар Ӯ набошад, пас кист?
25 Ва рӯзҳои ман аз даванда тезравтар аст,
— медавад, некӣ намебинад,
26 Мисли заврақҳои бардӣ ба зудӣ мегузарад,
мисли уқобе ки ба нахҷир дартоз ҳамла мекунад.
27 Агар бигӯям, ки „биё, андӯҳи худро фаромӯш кунам,
туршрӯии худро бартараф намоям ва кушодарӯй гардам“, —
28 Аз азиятҳои худ саропо ба изтироб меоям,
зеро медонам, ки Ту маро бегуноҳ ҳисоб нахоҳӣ кард.
29 Модоме ки ман айбдор ҳисоб ёбам,
чаро бар абас заҳмат кашам?
30 Агар дар оби барф ғусл намоям
ва дастҳои худро бо собун тоза кунам,
31 Он гоҳ маро дар ифлосӣ меғӯтонӣ,
ба тавре ки либосҳоям аз ман нафрат хоҳад кард.
32 Зеро ки Ӯ мисли ман одамизод нест, ки тавонам ба Ӯ ҷавоб гардонам,
ва якҷоя ба дорулқазо биравем.
33 Дар миёни мо ҳакаме нест,
ки дасти худро бар ҳар дуи мо бигузорад.
34 Кошки асои Худро аз ман дур мекард,
ва бими Ӯ маро дар даҳшат намеандохт!
35 Он гоҳ сухан мерондам ва аз Ӯ наметарсидам,
зеро ки ман ба худии худ чунин нестам.
10БОБИ ДАҲУМ
Давоми нутқи Айюб.
1 Ҷони ман аз зиндагии ман безор шудааст;
ба андӯҳи худ дода мешавам;
аз талхии ҷони худ сухан меронам.
2 Ба Худо мегӯям: „Маро айбдор накун;
ба ман бифаҳмон, ки аз барои чӣ бо ман мубориза мекунӣ?
3 Оё барои Ту хуб аст, вақте ки ситам мекунӣ,
вақте ки аз амали дастҳои Худ нафрат менамоӣ,
ва бар машварати шарирон нурафкан мешавӣ?
4 Оё Туро чашмони башар аст?
Оё дидани Ту мисли дидани инсон аст?
5 Оё рӯзҳои Ту мисли рӯзҳои инсон аст?
Оё солҳои Ту мисли рӯзҳои мард аст,
6 Ки гуноҳи маро ҷустуҷӯ менамоӣ
ва хатои маро кофтуков мекунӣ,
7 Агарчи медонӣ, ки айбдор нестам,
ва аз дасти Ту халоскунандае нест?
8 Дастҳои Ту сурати маро сохта, ҳаматарафа мукаммал намудааст ва маро офаридааст,
— ва маро нобуд мекунӣ?
9 Ба ёд овар, ки маро мисли сафол сириштаӣ,
— ва маро ба хок бармегардонӣ?
10 Ту, охир, маро мисли шир рехтаӣ,
ва маро мисли панир ба қиём овардаӣ.
11 Маро пӯст ва гӯшт пӯшондаӣ,
ва маро бо устухонҳо ва пайҳо пайвастаӣ.
12 Ҳаёт ва эҳсон ба ман ато кардаӣ,
ва тафаққуди Ту рӯҳи маро нигаҳбонӣ намудааст.
13 Вале ин чизҳоро низ дар дили худ пинҳон доштаӣ, —
медонам, ки ин андаруни Ту буд, —
14 Ки агар хатое кунам, Ту бар ман камин хоҳӣ кард,
ва аз гуноҳи ман нахоҳӣ гузашт.
15 Агар айбдор бошам, вой бар ман!
Ва агар ҳақ ба ҷониби ман бошад, ҷуръат надорам сари худро бардорам:
аз нанг сер шудаам ва доим залолати худро мебинам.
16 Ва агар як лаҳза сар бардорам, Ту мисли шер маро сайд хоҳӣ кард,
ва боз корҳои аҷоиби Худро ба ман нишон хоҳӣ дод.
17 Шоҳидони нави Худро ба муқобили ман хоҳӣ овард,
ва ғазаби Худро бар ман пурзӯр хоҳӣ кард,
ва фавҷҳои азобу уқубат пай дар ҳам ба сари ман хоҳанд омад.
18 Пас чаро маро аз батн берун овардӣ?
Кошки ҳамон вақт мемурдам, ва чашме маро намедид,
19 Ки он вақт ба чизи номавҷуде монанд мебудам,
ва аз батн рост ба қабр бурда мешудам!
20 Рӯзҳои ман, охир, ҳанӯз кам аст, пас маро тарк намо,
ва аз ман даст каш, то ки каме кушодарӯй гардам,
21 Пеш аз он ки бебозгашт биравам,
ба кишвари торикӣ ва зулмот,
22 Ба кишвари тирагӣ, ки мисли торикист,
ба кишвари зулмот, ки тартиботе надорад,
ва тирагии он мисли торикист“».
11БОБИ ЁЗДАҲУМ
Нутқи якуми Сӯфор.
Ӯ Айюбро дурӯғгӯй ва риёкор мешуморад.
1 Ва Сӯфори Наъмотӣ ҷавоб гардонда, гуфт:
2 «Оё ба суханони бисьёр ҷавоб додан мумкин нест?
Ва оё ҳақ ба ҷониби марди сухандон аст?
3 Оё ҳарзагӯии ту мардумро хомӯш мекунад,
ва ту таҳқир менамоӣ, ва касе туро хиҷолат намедиҳад?
4 Ва ту мегӯӣ: „Сабақи ман пок аст,
ва ман дар чашмони Ту беайб ҳастам“.
5 Валекин кошки Худо сухан биронад,
ва лабҳои Худро бар ту бикушояд,
6 Ва асрори ҳикматро ба ту бифаҳмонад,
зеро ки асли моҳияти он дучандон аст!
Пас бидон, ки Худо баъзе аз гуноҳҳоятро барои ту фаромӯш хоҳад кард.
7 Оё беинтиҳоии Худоро метавонӣ дарьёбӣ?
Оё то ба ақсои умқи Қодир метавонӣ бирасӣ?
8 Он мисли баландиҳои осмон аст, — чӣ метавонӣ бикунӣ?
Аз қаъри дӯзах чуқуртар аст, — чӣ метавонӣ бидонӣ?
9 Андозаи он аз замин дарозтар
ва аз баҳр фарохтар аст.
10 Агар Ӯ бодвор гузашта равад, ва касеро бандӣ кунад,
ва мардумро барои ҷазои вай ҷамъ оварад, — кист, ки Ӯро боздорад?
11 Зеро ки Ӯ риёкоронро медонад,
ва чун талбисро мебинад, оё ба он диққат намекунад?
12 Ва шахси ҷоҳил соҳибдил хоҳад шуд,
ва мисли харкурраи ваҳшӣ бошад ҳам, одами дуруст хоҳад гардид.
13 Агар ту дили худро рост кунӣ,
ва дастҳои худро сӯи Ӯ дароз кунӣ,
14 Агар ҷафоеро, ки дар дасти туст, дур кунӣ,
ва ноинсофиро дар хаймаҳои худ ҷойгир накунӣ,
15 Яқин аст, ки он гоҳ чеҳраи худро хоҳӣ бардошт, бе он ки айбе дошта бошӣ,
ва матин хоҳӣ буд ва нахоҳӣ тарсид.
16 Зеро ки ту азияти худро фаромӯш хоҳӣ кард,
онро мисли обе ки гузашта рафтааст, ба ёд хоҳӣ овард.
17 Ва умри ту аз пешингоҳ равшантар хоҳад шуд;
баъзан тира шавад ҳам, мисли субҳ хоҳад гардид.
18 Ва дилпур хоҳӣ буд, зеро ки умеде ҳаст,
ва гирду пешро аз назар гузаронда, дилпурона хоҳӣ хобид.
19 Ва ором хоҳӣ хобид, ва чизе туро нахоҳад тарсонид,
ва бисьёр касон ба ту хушомад хоҳанд кард.
20 Вале чашмони шарирон хира хоҳад шуд,
ва паноҳгоҳ аз онҳо дур хоҳад шуд,
ва умедашон фақат ҷон додан аст».
12БОБИ ДУВОЗДАҲУМ
Айюб ба ҳар сеи онҳо ҷавоб мегардонад;
ӯ ҳикмати худбоваронаи онҳоро рад мекунад.
1 Ва Айюб ҷавоб гардонда, гуфт:
2 «Яқин аст, ки шумо гузини қавм ҳастед,
ва ҳикмат бо шумо хоҳад мурд.
3 Ман низ мисли шумо соҳибдил ҳастам;
аз шумо камтар нестам;
ва кист, ки чунин чизҳоро надонад?
4 Ман барои ёрони худ хандахариш шудаам, —
агарчи Худоро мехонам, ва Ӯ маро иҷобат менамояд, —
оре, хандахариш шудаам, агарчи одил ва беайб ҳастам.
5 Ба фикри лоубол, тамасхур барои мусибатзада аст,
ва зарба барои касонест, ки пояшон лағҷидааст.
6 Хаймаҳои тороҷгарон ором аст,
ва онҳое ки Худоро ба ғазаб меоваранд, дар амният мебошанд,
ки ҳар яке худои худро дар дасти худ доранд.
7 Валекин аз чорпоён бипурс, ва туро таълим хоҳанд дод,
ва аз мурғони ҳаво бипурс, ва ба ту хабар хоҳанд дод;
8 Ё бо замин мусоҳиба намо, ва туро таълим хоҳад дод,
ва моҳиёни баҳр ба ту ҳикоят хоҳанд кард.
9 Кист аз ҳамаи онҳо, ки надонад,
ки дасти Худованд инро ба вуҷуд овардааст?
10 Ҷони тамоми мавҷудот
ва рӯҳи тамоми навъи башар дар дасти Ӯст.
11 Оё гӯш суханонро намесанҷад,
чунон ки ком таъми хӯрокро фарқ мекунад?
12 Ҳикмат дар пирон аст,
ва хирад дар умри дароз.
13 Ҳикмат ва қудрат дар Ӯст,
машварат ва хирад аз они Ӯст.
14 Инак, Ӯ хароб мекунад, ва он чиз аз нав бино нахоҳад ёфт;
касеро бандӣ мекунад, ва банди он кас кушода нахоҳад шуд.
15 Инак, обҳоро бозмедорад, ва хушк мешаванд,
ва онҳоро сар медиҳад, ва заминро чаппаву роста мекунанд.
16 Қудрат ва ҳикмат аз они Ӯст,
ғалаткунанда ва чапғалатдиҳанда назди Ӯст.
17 Ӯ мушовиронро бемулоҳиза мегардонад,
ва доваронро саргаранг мекунад;
18 Бандҳои подшоҳонро мекушояд,
ва бар камарҳошон миёнбанд мебандад;
19 Коҳинонро урьён мегардонад,
ва зӯроваронро вожгун мекунад;
20 Суханваронро аз забон маҳрум менамояд,
ва зеҳни пиронро мерабояд;
21 Забуниро бар мирон фурӯ мерезад,
ва камарбанди тавонгаронро суст мекунад;
22 Умқҳоро аз даруни торикӣ ошкор месозад,
ва зулмотро ба рӯшноӣ мебарорад;
23 Халқҳоро афзун мегардонад, ва онҳоро маҳв менамояд;
халқҳоро вусъат медиҳад, ва онҳоро тарк мекунад;
24 Сарварони қавми заминро аз ақл маҳрум менамояд,
ва онҳоро дар бодияи бероҳа сарсону саргардон мекунад:
25 Дар торикӣ даст‐дасткунон роҳ мераванд,
ва рӯшноӣ нест;
ва онҳоро мисли мастон сарсону саргардон мекунад.
13БОБИ СЕЗДАҲУМ
Давоми нутқи Айюб.
1 Инак, ҳамаашро чашми ман дидааст,
ва гӯши ман шунида, дарк намудааст.
2 Он қадар, ки шумо медонед, ман низ медонам;
аз шумо камтар нестам.
3 Аммо ман мехоҳам ба Қодир сухан ронам,
ва орзу дорам ба Худо исбот намоям.
4 Валекин шумо дурӯғ мебофед,
ҳамаатон табибони афсунгар ҳастед.
5 Кошки тамоман хомӯш менишастед!
Ин барои шумо ҳикмат ҳисоб меёфт.
6 Пас, мазаммати маро бишнавед,
ва ба эродҳои лабҳоям гӯш андозед.
7 Оё ба хотири Худо ноинсофона сухан меронед?
Ва аз барои Ӯ фиребгарона гап мезанед?
8 Оё ба Ӯ рӯйбинӣ мекунед?
Оё барои Худо муддаӣ мешавед?
9 Оё хуб мешавад, ки Ӯ шуморо таҳқиқ намояд?
Оё Ӯро фиреб мекунед, чунон ки инсонро фиреб мекунанд?
10 Шуморо сахт ҷазо хоҳад дод,
агар рустӣ рӯйбинӣ кунед.
11 Кибриёи Ӯ, охир, шуморо дар даҳшат хоҳад андохт,
ва тарси Ӯ шуморо фаро хоҳад гирифт.
12 Ёдовариҳои шумо мисли хокистар аст;
ҳисорҳои шумо ҳисорҳои гилин аст.
13 Назди ман хомӯш бошед, ва ман сухан хоҳам ронд,
ва ҳар чи бар сарам ояд — ояд.
14 Барои чӣ гӯшти худро бо дандони худ бигазам
ва ҷони худро ба кафи худ бигирам?
15 Инак, маро қатл кунад ҳам,
ба Ӯ умед хоҳам баст,
аммо беайбии роҳҳои худро ба ҳузури Ӯ исбот хоҳам кард.
16 Ин низ барои ман наҷот хоҳад буд,
зеро ки риёкор ба хузури Ӯ нахоҳад омад.
17 Сухани маро бодиққат бишнавед,
ва фикри ман ба гӯшҳотон хоҳад расид.
18 Инак, ба мурофиа оғоз намудаам;
медонам, ки сафед хоҳам шуд.
19 Кист, ки тавонад ба ман мухолифат кунад?
Дар он сурат ҳоло хомӯш шуда, ҷон медодам.
20 Фақат ду чизро ба ман накун,
он гоҳ аз ҳузури Ту пинҳон нахоҳам шуд:
21 Дасти Худро аз ман дур кун,
ва бигзор бими Ту маро дар даҳшат наандозад.
22 Ва даъват намо, ва ман ҷавоб хоҳам дод,
ё ки сухан ронам, ва ба ман ҷавоб гардон.
23 Гуноҳҳо ва хатоҳои ман чӣ қадар аст?
Ҷиноят ва хатои маро ба ман маълум намо.
24 Чаро рӯи Худро пинҳон медорӣ,
ва маро душмани Худ ҳисоб мекунӣ?
25 Оё барги пажмурдаро ба ҳарос меандозӣ,
ва хаси хушкидаро таъқиб менамоӣ?
26 Зеро ки талхиҳоро бар ман менависӣ,
ва хатоҳои ҷавониамро ба ман нисбат медиҳӣ,
27 Ва пойҳои маро дар ишкел меандозӣ,
ва ҳамаи роҳҳои маро мепоӣ —
кафи пойҳои маро пайгирӣ мекунӣ.
28 Ва ин бечора мисли чизи пӯсида аз ҳам ҷудо мешавад,
мисли либосе ки куя зада бошад.
14БОБИ ЧОРДАҲУМ
Давоми он.
1 Одамизод, ки аз зан зоида мешавад,
рӯзҳояш кам ва азобаш бисьёр аст:
2 Мисли гул месабзад ва пажмурда мешавад,
ва мисли соя мегурезад ва боқӣ намемонад.
3 Оё бар чунин махлуқе чашмони Худро менигаронӣ,
ва маро бо Худ ба мурофиа мебарӣ?
4 Кист, ки тавонад аз чизи наҷис чизи поке берун оварад?
Як нафар ҳам нест.
5 Агар рӯзҳои вай муайян
ва шумораи моҳҳои вай назди Ту бошад,
ва ҳадде барояш гузошта бошӣ, ки аз он наметавонад бигзарад, —
6 Аз вай рӯй гардон, то ки дам гирад
ва рӯзашро мисли муздуре ба анҷом расонад.
7 Яқинан барои дарахт умеде ҳаст:
агар бурида шавад, боз хоҳад сабзид,
ва навдаи он барҳам нахоҳад хӯрд;
8 Агар решаи он дар замин пир шуда,
кундаи он дар хок бимирад,
9 Ҳамин ки бӯи об ба он бирасад, нашъунамо хоҳад ёфт,
ва мисли ниҳоле ки нав шинонда шуда бошад, шохаҳо хоҳад расонид.
10 Валекин мард мемирад, — ва фано мешавад,
ва одам ҷон медиҳад, — ва куҷост ӯ?
11 Чунон ки обҳо аз дарьё меравад,
ва наҳр бе об монда, хушк мешавад,
12 Ончунон одамизод хобида, дигар намехезад;
то даме ки осмон фано нашавад,
бедор нахоҳанд шуд, ва аз хобашон сар нахоҳанд бардошт.
13 Кошки маро дар гӯр руст мекардӣ,
то вақти фурӯ нишастани ғазабат пинҳон медоштӣ ва бароям мӯҳлате муайян намуда,
пас аз он маро ба ёд меовардӣ!
14 Агар мард бимирад, оё боз зиндагӣ хоҳад кард?
Дар тамоми рӯзҳои замони муайяни худ умедвор мешудам,
то даме ки табдили ман фаро расад.
15 Маро даъват менамудӣ, ва ман ба Ту ҷавоб мегардондам;
иштиёқманди амали дастҳои худ мегаштӣ,
16 Зеро ки он гоҳ қадамҳои маро дар шумор меовардӣ,
ва хатои маро намепоидӣ;
17 Ҷинояти ман дар лӯлае сар ба мӯҳр мебуд,
ва гуноҳи маро рӯпӯш мекардӣ.
18 Валекин, чунон ки кӯҳ афтода, гард‐гард мешавад,
ва сахра аз ҷои худ меҷунбад;
19 Об сангҳоро месояд,
ҷараёнҳояш хоки заминро шуста мебарад,
ончунон Ту умеди инсонро несту нобуд мекунӣ.
20 Ӯро ба сурати абадӣ мағлуб менамоӣ, ва меравад;
рӯи ӯро дигаргун месозӣ, ва ӯро мефиристонӣ.
21 Писаронаш бой мешаванд, ва ӯ намедонад;
ва ё ба залолат меафтанд, ва ӯ вазъияти онҳоро пайхас намекунад.
22 Аммо ҷисми ӯ бар ӯ дард мекунад,
ва ҷони ӯ андаруни ӯ мотам мегирад».
15БОБИ ПОНЗДАҲУМ
Нутқи дуюми Алифоз. Ӯ бартарии Айюбро аз ҷиҳати дониш ва таҷриба эътироф намекунад.
1 Ва Алифози Темонӣ ҷавоб гардонда, гуфт:
2 «Оё хирадманд бо дониши пуч ҷавоб медиҳад?
Ва батни худро аз боди самум пур мекунад?
3 Оё бо гапи номуносиб исбот менамояд?
Ва бо суханоне ки аз онҳо ҳеҷ фоидае нест?
4 Лекин ту худотарсиро поймол намудаӣ,
ва илтиҷоро ба ҳузури Худо кам кардаӣ,
5 Зеро ки гуноҳи ту даҳони туро ром намудааст,
ва ту забони ҳилагаронро хуш кардаӣ.
6 Туро даҳонат айбдор мекунад, ва на ман;
ва лабҳоят ба зидди ту далолат менамояд.
7 Оё дар насли одамизод ту аввалин таваллуд ёфтаӣ?
Ва ё пеш аз талҳо ба вуҷуд омадаӣ?
8 Оё рози Худоро шунидаӣ?
Ва ҳикматро сӯи худ ҷалб намудаӣ?
9 Чӣ медонӣ, ки онро мо надонем?
Чӣ мефаҳмӣ, ки он назди мо набошад?
10 Ҳам мӯйсафед ва ҳам пиронсол дар байни мо ҳастанд,
ки умрашон аз умри падари ту бузургтар аст.
11 Оё тасаллиҳои Худо барои ту кам аст?
Ва сухане ки бо мулоимат ба ту гуфта мешавад?
12 Чаро дилат туро боло гирифтааст?
Ва чаро чашмонат аз хашм барқ мезанад?
13 Зеро ки рӯҳи худро ба зидди Худо нигаронидаӣ,
ва аз даҳонат чунин суханонро мебарорӣ.
14 Инсон чист, ки пок бошад?
Ва оё зодаи зан одил мешавад?
15 Инак, Ӯ ба муқаддасони Худ эътимод надорад,
ва осмон дар назараш пок нест,
16 Алалхусус одамизод зишт ва фосид аст,
ки ноинсофиро мисли об менӯшад.
17 Фикри худро ба ту изҳор менамоям, маро бишнав;
ва он чи дидаам, ҳикоят мекунам,
18 Ки хирадмандон онро аз падарони худ ривоят кардаанд
ва пинҳон надоштаанд,
19 Ки танҳо ба онҳо ин замин дода шуда буд,
ва аз миёни онҳо бегонае нагузашта буд.
20 Шарир дар тамоми рӯзҳои худ гирифтори сӯзу гудоз аст,
ва солҳои башумор барои ситамгар таъин шудааст.
21 Садои даҳшатҳо дар гӯшҳои ӯст;
дар ҳини осоиштагӣ тороҷгар ба сараш меояд;
22 Боварӣ надорад, ки аз торикӣ раҳо хоҳад шуд,
ва ба гумонаш шамшер ӯро дар камин аст;
23 Барои порчаи ноне дарбадар гашта, мепурсад: „Куҷост?“
Медонад, ки назди ӯ рӯзи торикӣ муҳайёст.
24 Тангӣ ва мӯҳтоҷӣ ӯро дар даҳшат меандозад,
мисли подшоҳе ки ба ҷанг тайёр шуда бошад,
ӯро мағлуб месозад,
25 Зеро ки ӯ ба Худо дасти тааддӣ дароз кардааст
ва ба Қодир густохӣ намудааст,
26 Гардандарозӣ карда, дар таҳти ҳалқаҳои
ғафси ҷавшани худ бар Ӯ тохт овардааст,
27 Чунки рӯи худро бо фарбеҳии худ пӯшондааст,
ва камараш қабат‐қабат чарбу бастааст;
28 Ва дар шаҳрҳои вайрон сокин хоҳад шуд,
дар хонаҳои ғайримаскуне
ки ба харобӣ маҳкум гардидааст.
29 Ӯ бой нахоҳад шуд, ва сарваташ қоим нахоҳад монд,
ва молу мулкаш бар замин афзоиш нахоҳад ёфт;
30 Аз торикӣ халос нахоҳад шуд;
ниҳолашро аланга хушк хоҳад кард,
ва аз нафаси даҳони Ӯ нобуд хоҳад шуд.
31 Бигзор ин одами гумроҳ ба батолат бовар накунад,
зеро ки батолат мукофоти ӯ хоҳад шуд;
32 Пеш аз расидани рӯзаш фано хоҳад шуд,
ва шоху баргаш сабзу хуррам нахоҳад буд;
33 Мисли ток ғӯраи худро хоҳад рехт,
ва мисли зайтун муғҷаи худро хоҳад партофт;
34 Зеро ки хонадони риёкор гирифтори бекасӣ хоҳад шуд,
ва аҳли байти ришвахӯрро оташ маҳв хоҳад кард.
35 Онҳое ки ба хабосат ҳомила мешаванд, бадиро мезоянд,
ва батнашон макрро тайёр мекунад».
16БОБИ ШОНЗДАҲУМ
Ҷавоби чоруми Айюб. Ӯ ба Худо аз дӯстони худ, ки дар иштибоҳ афтодаанд, шикоят мекунад.
1 Ва Айюб ҷавоб гардонда, гуфт:
2 «Чунин чизҳоро аз ҳад зиёд шунидаам;
ҳамаатон тасаллидиҳандагони ғамовар ҳастед.
3 Оё суханони пуч хотима хоҳад ёфт?
Ва чист, ки туро ба ҷавоб гардондан водор менамояд?
4 Ман низ мисли шумо сухан мерондам,
агар ҷони шумо ба ҷои ҷони ман мебуд;
барои шумо суханон иншо мекардам,
ва сари худро ба шумо меҷунбондам;
5 Бо даҳони худ шуморо далер менамудам,
ва тасаллии лабҳоям дарди шуморо сабук мекард.
6 Агар сухан ронам, дардам сабук намешавад,
ва агар хомӯш монам, чӣ дарде аз ман дур мешавад?
7 Аммо акнун Ӯ маро бетоқат кардааст.
Тамоми хонадони маро Ту маҳв намудаӣ,
8 Ва ҷисми маро пурчин кардаӣ,
ки ин бар зидди ман шоҳид шудааст;
ва лоғарии ман бар ман қиём намуда,
дар пеши ман гувоҳӣ медиҳад.
9 Ғазаби Ӯ маро медарад ва бо ман адоват дорад;
дандонҳои Худро бар ман ғиҷиррос мезанонад.
Душманам чашмонашро ба ман ало мекунад.
10 Мардон даҳони худро бар ман воз кардаанд,
бо суханони нангин рухсорҳоямро мезананд;
бар қасди ман забон як кардаанд.
11 Худо маро ба ноинсофон таслим намудааст,
ва ба дасти шарирон маро супурдааст.
12 Ором будам, ва Ӯ маро пора‐пора кардааст,
ва аз гарданам дошта, маро шикастааст,
ва маро барои Худ ҳадаф қарор додааст.
13 Камонандозони Ӯ маро иҳота кардаанд.
Гурдаҳоямро реш мекунанд, ва раҳмаш намеояд;
заҳраи маро бар замин мерезад;
14 Маро рахна бар рахна мекушояд,
мисли баҳодуре бар ман тохт меоварад.
15 Бар пӯсти худ палос дӯхтаам,
ва шохи худро дар хок гузоштаам.
16 Рӯи ман аз гирья суп‐сурх шудааст,
ва бар мижгони ман зулмот аст,
17 Гарчанде ки ҳеҷ ситаме дар дасти ман нест,
ва дуои ман нок аст.
18 Эй замин! Хуни маро рӯпӯш накун,
ва бигзор дар умқи ту барои фиғони ман ҷое набошад.
19 Инак, алҳол низ Гувоҳи ман дар осмон аст,
ва Шоҳиди ман дар арши аъло!
20 Маро тамасхур мекунед, эй дӯстонам!
Чашми ман сӯи Худо ашк мерезад,
21 То ки Ӯ байни мард ва Худо доварӣ намояд,
чунон ки байни одамизод ва ёри вай аст.
22 Зеро ки солҳои андак ба охир мерасад,
ва ман ба роҳи бебозгашт хоҳам рафт.
17БОБИ ҲАФДАҲУМ
Давоми нутқи Айюб.
1 Рӯҳи ман пажмурда шудааст, рӯзҳои ман ба поён мерасад,
қабристон барои ман муҳайёст.
2 Ба ростӣ, тамасхуркунандагон гирдогирди мананд,
ва чашми ман дар талхгӯиҳои онҳо сокин аст.
3 Гарав гузошта, ба ҳузури Худ ба ман зомин шав!
Вагар на, кист, ки барои ман дасти паймон диҳад?
4 Зеро ки дили онҳоро аз хирад ниҳон доштаӣ,
бинобар ин онҳоро баланд нахоҳӣ бардошт.
5 Касе ки ёронашро ба сони нахҷир таслим мекунад,
чашмони бачагонаш сиёҳ меравад.
6 Худо маро вирди забони мардум гардондааст,
ва ман касе шудаам, ки ҳама ба рӯяш туф мекунанд.
7 Ва чашми ман аз ғусса хаста шудааст,
ва тамоми андомам мисли соя гардидааст.
8 Росткорон дар ин бора мутаҳайир хоҳанд шуд,
ва бегуноҳ бар риёкор ба ғазаб хоҳад омад.
9 Вале одил дар роҳи худ устувор хоҳад буд,
ва каси покизадаст боз ҳам қавӣ хоҳад шуд.
10 Валекин ҳамаатон метавонед бозгашта биёед,
ва дар миёни шумо хирадманде нахоҳам ёфт.
11 Рӯзҳоям гузаштааст, андешаҳоям, — орзуҳои дилам, —
барбод рафтааст.
12 Шабро мехоҳанд ба рӯз мубаддал кунанд,
нурро ба торикӣ наздик оваранд.
13 Агар умед кунам, ки дӯзах хонаи ман аст,
ва дар торикӣ бистари худро андозам,
14 Агар ба гӯр гӯям: „Ту падари ман ҳастӣ“,
ва ба кирм гӯям: „Ту модар ва хоҳари ман ҳастӣ“, —
15 Пас, умеди ман куҷост?
Ва кист, ки умеди маро дида бошад?
16 Он ба дарвозаи дӯзах фурӯ хоҳад рафт,
вақте ки якҷоя дар хок фурӯд оем».
18БОБИ ҲАЖДАҲУМ
Нутқи дуюми Билдод.
Ӯ ногузир будани ҳалокати шариронро қайд менамояд.
1 Ва Билдоди Шуҳӣ ҷавоб гардонда, гуфт:
2 «То ба кай ба суханон идома хоҳӣ дод?
Аввал мулоҳиза кунед, ва баъд сухан хоҳем ронд.
3 Чаро мисли чорпое ҳисоб ёбем
ва дар назари шумо кундзеҳн намоем?
4 Эй, ки ҷони худро дар ғазаби худ медарӣ!
Наход ки барои ту замин хароб шавад,
ва кӯҳпора аз ҷояш кӯч кунад?
5 Бо вуҷуди ин, нури шарирон хомӯш хоҳад шуд,
ва шарораи оташи онҳо рӯшноӣ нахоҳад дод.
6 Дар хаймаи ӯ нур тира хоҳад гардид,
ва чароғаш бар ӯ хомӯш хоҳад шуд.
7 Қадамҳои пурзӯри ӯ танг хоҳад шуд,
ва машвараташ ӯро вожгун хоҳад кард.
8 Зеро ки бо пойҳояш дар дом хоҳад афтод,
ва бар рӯи тӯр роҳ хоҳад рафт.
9 Тузоқ пошнаи ӯро хоҳад қапид,
ва қапқон ӯро сахт нигоҳ хоҳад дошт.
10 Ҷела барояш бар замин ниҳон аст,
ва чапарак барояш дар сари роҳ.
11 Аз ҳар тараф даҳшатҳо ӯро хоҳад тарсонид,
ва дар ҳар қадамаш ӯро таъқиб хоҳад кард.
12 Насли ӯ гуруснагӣ хоҳад кашид,
ва ҳалокат барои афтодани ӯ тайёр аст;
13 Андоми ҷисми ӯро хоҳад хӯрд:
нахустзодаи марг андоми ӯро хоҳад хӯрд.
14 Аз хаймаи ӯ, ки паноҳгоҳи ӯст, ронда хоҳад шуд,
ва сӯи подшоҳи даҳшатҳо бурда хоҳад шуд.
15 Дар хаймаи ӯ, ки дигар аз они ӯ набошад, даҳшатҳо сокин хоҳад шуд;
бар маскани ӯ кибрит боронида хоҳад шуд.
16 Решаҳои ӯ аз зер хушк хоҳад шуд,
ва шоху барги ӯ аз боло бурида хоҳад шуд.
17 Зикри ӯ аз замин маҳв хоҳад шуд,
ва номи ӯро бар рӯи саҳро касе нахоҳад хонд.
18 Ӯро аз рӯшноӣ ба торикӣ хоҳанд ронд,
ва аз дуньё дур хоҳанд кард.
19 Дар оилаи ӯ на аберае ӯро хоҳад буд ва на наберае;
ва дар иқоматгоҳҳои ӯ касе боқӣ нахоҳад монд.
20 Аз рӯи ӯ ғарбиён ҳайрон хоҳанд монд,
ва шарқиён ба даҳшат хоҳанд афтод.
21 Ба яқин чунин аст масканҳои каси ноинсоф,
ва ҳамин аст қисмати маконе ки Худоро намешиносад».
19БОБИ НУЗДАҲУМ
Ҷавоби панҷуми Айюб; бузургии имони ӯ.
1 Ва Айюб ҷавоб гардонда, гуфт:
2 «То ба кай ҷони маро андӯҳгин мекунед?
Ва маро бо суханон озор медиҳед?
3 Ин даҳ маротиба аст, ки маро маломат менамоед,
ва шарм надошта, ба ман дуруштӣ мекунед.
4 Ва агар ҳақиқатан ғалат карда бошам,
ғалатам бо ман мондааст.
5 Агар ҳақиқатан бар ман такаббур карданӣ ва нанги маро ба ман нишон доданӣ бошед,
6 Пас бидонед, ки Худо дар ҳаққи ман каҷкорӣ намудааст ва бо тӯри Худ маро печонда гирифтааст.
7 Инак, аз дасти зулм фарьёд мекашам, ва мустаҷоб намешавам;
истиғоса мебарам, ва инсофе нест.
8 Роҳи маро тавора кашидааст, ва ман наметавонам гузарам;
ва бар тариқҳои ман торикӣ афкандааст.
9 Ҷалоли маро аз ман кашида гирифтааст,
ва тоҷи сари маро дур кардааст.
10 Маро гирдогирд хароб кардааст, ва ман талаф мешавам;
ва умеди маро, мисли дарахте, решакан кардааст.
11 Ғазаби Худро бар ман афрӯхтааст,
ва маро душмани Худ ҳисоб кардааст.
12 Фавҷҳои Ӯ якҷоя меоянд,
ва роҳи худро сӯи ман кушодаанд,
ва гирдогирди хаймаи ман ҷойгир шудаанд.
13 Бародаронамро аз ман дур кардааст,
ва ошноҳоям аз ман тамоман бегона шудаанд.
14 Ақрабоям маро тарк намудаанд,
ва ошноҳоям маро фаромӯш кардаанд.
15 Меҳмонони хонаам ва канизонам маро бегона ҳисоб мекунанд:
дар назари онҳо одами ғайр шудаам.
16 Ғуломи худро мехонам, ва ҷавоб намедиҳад,
агарчи бо даҳони худ ӯро тазаррӯъ менамоям.
17 Нафаси ман барои занам нафратангез шудааст,
ва тазаррӯи ман барои бародаронам.
18 Бачаҳои кӯча низ аз ман нафрат доранд;
Вақте ки мехезам, маро таҳқир мекунанд.
19 Ҳамаи маҳрамони розам аз ман безор шудаанд,
ва онҳое ки дӯст медоштам, ба ман зид шудаанд.
20 Устухонам ба пӯсти баданам часпидааст,
ва фақат бо вораи дандонҳоям мондаам.
21 Ба ман лутф намоед, ба ман лутф намоед шумо, эй ёронам!
Зеро ки дасти Худо бар ман зарба расондааст.
22 Чаро мисли Худо маро таъқиб мекунед
ва аз гӯшти ман сер намешавед?
23 Кошки суханонам навишта мешуд!
Кошки дар китобе дарҷ меёфт!
24 Кошки бо қалами оҳанин
ва қалъагӣ бар кӯҳпорае ба сурати абадӣ канда мешуд!
25 Ва ман медонам, ки фидиягузори ман зинда аст,
ва дар замони охир бар замин қиём хоҳад кард.
26 Вале агарчи пӯсти ман пӯсида гардад,
ман дар ҷисми худ Худоро мебинам.
27 Ӯро ман барои худ мебинам,
ва чашмонам ба Ӯ менигарад, ва на чашми бегонае;
гурдаҳоям андаруни ман талаф шудааст.
28 Аммо агар бигӯед, ки „чӣ сон ӯро таъқиб кунем?“,
ва қарор диҳед, ки решаи бадӣ дар ман аст, —
29 Пас, шумо аз шамшер тарсон бошед,
зеро ки зарбаҳои шамшер хашмовар аст,
то бидонед, ки доварӣ ҳаст».
20БОБИ БИСТУМ
Нумқи дуюми Сӯфор дар бораи бебақоии бахти шарирон.
1 Ва Сӯфори Наъмотӣ ҷавоб гардонда, гуфт:
2 «Аз он сабаб андешаҳоям маро ба ҷавоб гардондан таҳрик медиҳад, ки ман таҳқирро ҳис кардам:
3 Мазаммати пурмаломатро дар ҳаққи худ шунидам,
ва рӯҳе аз даруни хирадам маро водор менамояд, ки ба ту ҷавоб диҳам.
4 Оё инро надонистаӣ, ки аз қадимулайём,
аз замоне ки одамизод бар замин пайдо шудааст,
5 Таронасароии шарир кӯтоҳмуддат аст,
ва шодии риёкор ба як тарфатулайн аст?
6 Ҳарчанд ки шавкаташ то ба осмон баланд гардад,
ва сараш ба абрҳо бирасад,
7 Мисли наҷосаташ абадан нест хоҳад шуд;
онҳое ки ӯро дида буданд, хоҳанд гуфт: „Ӯ куҷост?“
8 Мисли хоб хоҳад парид, ва ӯро нахоҳанд ёфт,
ва мисли рӯъёи шаб аз назар ғоиб хоҳад шуд.
9 Чашме ки ӯро дида буд, дигар нахоҳад дид,
ва маконаш дигар ба ӯ нахоҳад нигарист.
10 Писаронаш бо бенавоён мувосо хоҳанд кард,
ва дастҳояш сарвати ӯро гардонда хоҳад дод.
11 Устухонҳояш, ки пур аз таровати ҷавонии ӯст,
бо ӯ дар хок хоҳад хобид.
12 Агарчи дар даҳони ӯ бадӣ ширин аст,
ва онро дар таги забонаш ниҳон мекунад,
13 Ва онро дареғ дошта, тарк намекунад,
ва онро дар лунҷи худ нигоҳ медорад, —
14 Хӯроки ӯ дар амъояш табдил ёфта,
андаруни ӯ мисли заҳри гурзаҳо хоҳад шуд.
15 Сарватеро, ки фурӯ бурда буд, қай хоҳад кард:
онро Худо аз шиками ӯ бадар хоҳад ронд.
16 Ӯ заҳри гурзаҳоро хоҳад макид;
забони афъӣ ӯро хоҳад кушт.
17 Ӯ ҷӯйборро нахоҳад дид:
наҳрҳо ва ҷӯйҳои асал ва қаймоқро.
18 Дороии худро хоҳад баргардонид,
ва онро фурӯ нахоҳад бурд;
сарваташ ҳарчанд бузург бошад ҳам,
аз он шод нахоҳад шуд.
19 Зеро ки ӯ бар бенавоён зулм карда, онҳоро партофтааст;
хонаеро, ки бино накардааст, тороҷ намудааст.
20 Чунки дар шиками худ сериро надонистааст;
аз бору буди худ чизеро халос нахоҳад кард.
21 Аз пурхӯрии ӯ чизе боқӣ намемонад,
пас нозу неъмати ӯ пойдор нахоҳад буд.
22 Вақте ки ҳавасҳояш пурра ба иҷро расад, ӯ ба танг хоҳад омад;
ҳар дасти ситамкаш бар ӯ қиём хоҳад кард.
23 Чун шикамашро пур кардан хоҳад,
Худо шиддати ғазаби Худро бар ӯ равона хоҳад кард,
ва онро мисли борон бар ҷисми ӯ меборонад.
24 Агар аз яроқи оҳанин гурезад,
камони мисин ӯро шикоф хоҳад кард:
25 Ҷисмашро шикофта, аз тахтапушташ берун хоҳад омад,
ва барқи синон аз заҳраи ӯ хоҳад гузашт;
даҳшатҳо ӯро фаро хоҳад гирифт.
26 Тамоми торикӣ барои паноҳкардагони ӯ муҳайёст;
оташе ки касе надамида бошад, ӯро хоҳад хӯрд ва он
чиро, ки дар хаймаи ӯ боқист, талаф хоҳад кард.
27 Осмон гуноҳи ӯро ошкор хоҳад кард,
ва замин ба муқобили ӯ хоҳад бархост.
28 Ҳосили хонаи ӯ талаф хоҳад шуд:
дар рӯзи ғазаби Ӯ барбод хоҳад рафт.
29 Чунин аст қисмати одами шарир аз ҷониби Худо,
ва қазову қадари ӯ аз ҷониби Қодир».
21БОБИ БИСТУ ЯКУМ
Ҷавоби шашуми Айюб.
Хушбахтии шарирон баъзан вақти бисъёр давом мекунад, то даме ки ба доварии Худо дучор оянд.
1 Ва Айюб ҷавоб гардонда, гуфт:
2 «Сухани маро бодиққат бишнавед,
ва ин барои ман тасаллиҳои шумо хоҳад буд.
3 Маро тоқат кунед, ва ман сухан хоҳам ронд;
ва баъд аз сухан ронданам тамасхур намо.
4 Оё шикоятам ба зидди одамест, ки мисли ман бошад?
Ва чаро ман бесабрӣ накунам?
5 Ба ман назар кунед ва мутаҳайир шавед,
ва даст бар даҳон бимонед.
6 Ман низ, чун ба ёд оварам, ба ҳаяҷон меоям,
ва ҷисми маро ларза мегирад.
7 Чаро шарирон зинда мемонанд,
ба пирӣ мерасанд ва сарват афзун мекунанд?
8 Наслашон ба ҳузури онҳо, бо онҳо сиҳат саломат аст
ва авлодашон пеши назари онҳост.
9 Хонаҳошон аз тарс эмин аст,
ва асои Худо бар онҳо нест.
10 Нарговашон бордор мекунад, ва зоеъ намеравад;
модаговашон мезояд, ва гӯсолаи он нобуд намешавад.
11 Кӯдакони худро мисли рамае мефиристанд, ва бачаҳои онҳо рақс мекунанд.
12 Бо даф ва барбат месароянд,
ва бо садои най дилхушӣ мекунанд.
13 Рӯзҳои худро дар хушбахтӣ мегузаронанд,
ва ба як тарфатулъайн ба қабр фурӯд меоянд.
14 Ва ба Худо мегӯянд: „Аз мо дур шав!
Ба донистани тариқҳои Ту хоҳиш надорем.
15 Қодир кист, ки Ӯро ибодат кунем?
Ва чӣ нафъ дорад, ки ба Ӯ илтиҷо намоем?“
16 Яқин дорам, ки нозу неъматашон дар дасти онҳо нест.
Машварати шарирон аз ман дур бод!
17 Оё бисьёр воқеъ шудааст, ки нури шарирон хомӯш бошад,
ва ҳалокаташон бар сарашон омада бошад,
ва Ӯ дар ғазаби Худ азиятҳоро насиби онҳо гардонда бошад?
18 Оё онҳо мисли хасе пеши бод гардидаанд?
Ва мисли пари коҳе ки гирдбод гирифта мебарад?
19 Мегӯед, ки „Худо ҷафои варо барои фарзандони вай саришта хоҳад кард“.
Бигзор Ӯ худи варо сазо диҳад, то ки вай инро бидонад,
20 Чашмонаш мусибати варо бубинад,
ва худаш аз ҷоми ғазаби Қодир бинӯшад,
21 Зеро ки баъд аз мурданаш варо дар хонааш чӣ ҳоҷате ҳаст,
дар сурате ки шумораи моҳҳояш ба итмом расидааст?
22 Оё Худоро дониш омӯхтан мумкин аст,
дар сурате ки Ӯ бар нуфуси улвӣ доварӣ мекунад?
23 Яке дар айни бардамии худ мемирад,
дар ҳолате ки тамоман бекудурат ва некрӯз аст;
24 Зарфҳояш пур аз шир аст,
ва мағзу устухонҳояш тару тоза аст.
25 Вале дигаре дар талхин ҷон мемирад,
дар ҳолате ки аз некӯӣ лаззат набурдааст.
26 Онҳо якҷоя дар хок мехобанд,
ва кирмҳо онҳоро рӯпӯш мекунад.
27 Инак фикрҳои шуморо медонам,
ва дасисаҳоеро, ки дар ҳаққи ман ноҳақ андешидаед.
28 Зеро ки мегӯед: „Куҷост хонаи наҷиб?
Ва куҷост хаймаи масканҳои шарирон?“
29 Оё аз сайёҳон напурсидаед,
ва далелҳои онҳоро наметавонед инкор намоед,
30 Ки бадкор дар рӯзи мусибат маҳфуз дошта мешавад,
ва дар рӯзи ғазаб ба паноҳгоҳе бурда мешавад?
31 Кист, ки тавонад роҳи ӯро дар пеши ӯ мазаммат намояд?
Ва кист, ки ӯро барои кардаи ӯ сазо диҳад?
32 Ва ӯ ба гӯристон бурда мешавад,
ва дар мазораш нигаҳбоне гузошта мешавад.
33 Кулӯхҳои водӣ барои ӯ ширин аст,
ва аз қафояш издиҳоми мардум гусел мекунанд,
ва пешопеши ӯ онҳо сону шумор надоранд.
34 Пас, чӣ гуна маро бо суханони пуч тасаллӣ медиҳед,
дар сурате ки аз ҷавобҳои шумо фақат хиёнат боқӣ мондааст?»
22БОБИ БИСТУ ДУЮМ
Нутқи сеюми Алифоз.
Ӯ мисли пештара Айюбро гуноҳкор мешуморад.
1 Ва Алифози Темонӣ ҷавоб гардонда, гуфт:
2 «Оё мард ба Худо фоида мерасонад?
Ба яқин, соҳибфаҳм фақат ба худаш фоида мерасонад.
3 Оё ба ин ки ту одил бошӣ, Қодирро ҳоҷате ҳаст?
Ва оё Ӯро фоидае ҳаст аз он ки ту роҳҳои худро беайб созӣ?
4 Оё аз боиси худотарсии ту Ӯ туро азият медиҳад?
Бо ту ба мурофиа меояд?
5 Оё шарорати ту бузург нест?
Ва гуноҳҳои ту беинтиҳо нест?
6 Яқин аст, ки ту аз бародарони худ ноҳақ гарав гирифтаӣ,
ва либоси бараҳнагонро кашидаӣ.
7 Ба ташна об надодаӣ,
ва аз гурусна нонро дареғ доштаӣ.
8 Вале шахси муштзӯр соҳиби замин буд,
ва олимақом дар он сокин мешавад.
9 Бевазанонро тиҳидаст фиристодаӣ,
ва бозувони ятимон шикаста шудааст.
10 Бинобар ин гирдогирди ту домҳост,
ва тарси ногаҳонӣ туро дар изтироб андохтааст,
11 Ё торикӣ, ки чизеро дар он намебинӣ,
ва оби фаровон туро пӯшонидааст.
12 Худо, охир, дар афрози осмон аст;
ба сари ситораҳо бингар: чӣ гуна онҳо баланд аст!
13 Вале ту мегӯӣ: „Худо чӣ медонад?
Оё Ӯ метавонад аз миёни тирагӣ доварӣ намояд?
14 Абрҳо пардаи Ӯст, ва Ӯ намебинад,
ва дар гунбази афлок гардиш мекунад“.
15 Оё ту тариқи қадимиёнро пайравӣ менамоӣ,
ки мардуми ҷафокор бо он равона буданд,
16 Ва онҳо бемаҳал маҳкум гардиданд,
ва буньёдашон ба наҳре мубаддал шуд?
17 Чунки ба Худо гуфтанд: „Аз мо дур шав!
Ва Қодир ба мо чӣ метавонад бикунад?“
18 Ва ҳол он ки Ӯ хонаҳошонро аз нозу неъмат пур карда буд.
Машварати шарирон аз ман дур бод!
19 Одилон инро дида, шод шуданд,
ва бегуноҳ онҳоро тамасхур кард:
20 „Ба яқин, мухолифони мо талаф шудаанд,
ва бақияи онҳоро оташ хӯрдааст“.
21 Пас, бо Ӯ мувофиқат намо, ва саломат бош;
ба ин тариқ ба некӯӣ ноил хоҳӣ шуд.
22 Аз даҳони Ӯ таълимот биомӯз.
ва гуфтори Ӯро дар дили худ ҷойгир намо.
23 Агар ба Қодир руҷӯъ намоӣ, бино хоҳӣ ёфт,
ба шарте ки ноинсофиро аз хаймаи худ дур созӣ,
24 Ва хазинаи тиллоро дар хок
ва зари Ӯфирро дар сангҳои селобҳо андозӣ, —
25 Он гоҳ Қодир хазоини тиллои ту
ва нуқраи хушъиёр барои ту хоҳад буд,
26 Зеро ки он вақт аз Қодир шодкомӣ хоҳӣ ёфт,
ва рӯи худро сӯи Худо хоҳӣ бардошт.
27 Сӯи Ӯ дуо хоҳӣ гуфт, ва Ӯ туро иҷобат хоҳад намуд,
ва ту назрҳои худро иҷро хоҳӣ кард.
28 Ва чизеро ният кунӣ, ва он барои ту ба амал хоҳад омад,
ва бар роҳҳои ту рӯшноӣ хоҳад дурахшид.
29 Агар сарпаст кунанд, хоҳӣ гуфт: „Баландӣ бидеҳ!“,
ва Ӯ сархамро наҷот хоҳад дод;
30 Он касро низ, ки бегуноҳ набошад, раҳо хоҳад кард,
ва ба туфайли покии дастҳои ту вай раҳо хоҳад шуд».
23БОБИ БИСТУ СЕЮМ
Ҷавоби ҳафтуми Айюб: ӯ муштоқи Худои Ҳай аст.
1 Ва Айюб ҷавоб гардонда, гуфт:
2 «Имрӯз низ шикваи ман талх аст,
чунки зарбаи дасти Ӯ аз оҳу воҳи ман сахттар аст.
3 Кошки медонистам, ки Ӯро аз куҷо ёбам,
то ки пеши тахти Ӯ биёям!
4 Даъвои худро ба ҳузури Ӯ пешниҳод менамудам,
ва даҳонамро аз далелҳо пур мекардам.
5 Суханонеро, ки ба ҷавоби ман мегуфт, медонистам,
ва он чи ба ман мегуфт, мефаҳмидам.
6 Оё бо қуввати азими Худ бо ман ҷидол менамуд?
Не! Балки ба ман диққат медод.
7 Он гоҳ росткор ба Ӯ исбот мекард,
ва ман аз дасти Довари худ ба сурати абадӣ раҳоӣ меёфтам.
8 Инак, ба тарафи шарқ меравам, вале Ӯ ёфт намешавад,
ва ба тарафи ғарб, — вале Ӯро пайхас намекунам;
9 Ба тарафи шимол, вақте ки Ӯ ҳаракат мекунад, — Ӯро намебинам;
ба тарафи ҷануб, вақте ки Ӯ рӯ меоварад, — Ӯро мушоҳида намекунам.
10 Зеро роҳеро, ки бар он истодаам, Ӯ медонад;
агар маро меозмуд, мисли тилло мебаромадам.
11 Пои ман изи қадами Ӯро гирифта рафтааст:
тариқи Ӯро нигоҳ доштаам, ва аз он сар натофтаам.
12 Аз ҳукми лабҳои Ӯ дур нашудаам;
суханони даҳони Ӯро бештар аз ротибаи худ ниҳон доштаам.
13 Валекин Ӯ якраъй аст, ва кист, ки Ӯро баргардонад?
Ва он чи дили Ӯ хоҳад, ба ҷо меоварад.
14 Ҳамин тавр Ӯ муқаддаротро дар ҳаққи ман анҷом медиҳад:
ва мисли ин назди Ӯ бисьёранд.
15 Бинобар ин аз хашми Ӯ ба ҳарос меафтам;
вақте ки мулоҳиза мекунам, аз Ӯ метарсам.
16 Худо дар дили ман ваҳм андохтааст,
ва Қодир маро ҳаросон кардааст,
17 Зеро ки на аз торикӣ кори ман тамом шудааст,
ва на аз дидори ман,
ки онро зулмот пӯшондааст.
24БОБИ БИСТУ ЧОРУМ
Давоми ҷавоби Айюб.
1 Чаро аз ҷониби Қодир вақтҳо таъин карда нашудааст?
Ва чаро орифони Ӯ рӯзҳои Ӯро намебинанд?
2 Марзаҳоро мекӯчонанд;
рамаро медузданд ва мечаронанд.
3 Хари ятимонро гирифта мебаранд;
наргови бевазанро ба гарав мегиранд.
4 Бенавоёнро аз роҳ мегурезонанд:
мазлумони замин якҷоя пинҳон мешаванд.
5 Инак онҳо, мисли харони ваҳшӣ дар биёбон,
ба фаъолияти худ берун омада, хӯроки худро ҷустуҷӯ мекунанд:
дашт ба ҳар яке барои бачагонаш ризқу рӯзӣ мерасонад.
6 Дар саҳро хӯшаҳои бо алаф омехтаро медараванд,
ва ангури дерпази токзори шарирро мечинанд.
7 Бараҳна мехобанд, бе он ки либосе дошта бошанд,
ва дар сармо онҳоро рӯпӯше нест.
8 Аз бориши кӯҳсор тар мешаванд,
ва азбаски паноҳгоҳе надоранд, кӯҳпораро қучоқ мекунанд.
9 Ятимро аз пистон ҷудо карда мебаранд,
ва бачаи мискинро ба гарав мегиранд.
10 Онҳоро водор мекунанд, ки бараҳна, бе либос роҳ раванд;
ва гуруснагон бандҳои гандумро мебардоранд;
11 Дар миёни деворҳо равған мекашанд;
дар чархуштҳо ангур зер мекунанд, ва ташна мемонанд.
12 Аз даруни шаҳр мардум фиғон мекашанд,
ва ҷони маҷрӯҳон истиғоса мебарад,
вале Худо инро мазаммат намекунад.
13 Инҳо аз ҷумлаи душманони рӯшноӣ мебошанд,
тариқҳои онро эътироф намекунанд,
ва дар роҳҳояш қадам намегузоранд:
14 Қотил пеш аз дамидани субҳ мехезад,
мискин ва бенаворо мекушад,
ва шабона бо дуздӣ машғул мешавад.
15 Чашми зинокор низ мунтазири бегоҳирӯзист,
вай мегӯяд: „Чашми касе маро нахоҳад дид“,
— ва ба рӯяш ниқоб мепӯшад,
16 Дар торикӣ ба хонаҳо нақб меканад.
Рӯзона худро пинҳон медоранд,
рӯшноиро намедонанд.
17 Зеро субҳ барои ҳамаашон зулмот аст,
чунки воҳимаҳои зулмотро мешиносанд.
18 Вай бар рӯи об сабук аст;
қисмати вай бар замин нафрин аст:
ба роҳи токзор дигар рӯ нахоҳад овард.
19 Чунон ки хушкӣ ва гармӣ оби барфро фурӯ мебарад,
ончунон дӯзах гуноҳкоронро.
20 Батн варо фаромӯш хоҳад кард;
кирм аз вай лаззат хоҳад бурд; вай дигар зикр нахоҳад ёфт;
ва ноинсофӣ мисли дарахт хоҳад шикаст.
21 Вай ба зани бефарзанде ки назоидааст, ситам мекунад,
ва ба бевазан некӣ намекунад.
22 Вай баҳодуронро низ бо қуввати худ мағлуб менамояд;
вай бармехезад, ва ҳеҷ кас дар ҳаёти худ эмин нест.
23 Ба вай Ӯ амният мебахшад, ва бар он вай такья мекунад;
ва чашмони Ӯ бар роҳҳои онҳост.
24 Ба пояи аъло мерасанд, — ва ба як тарфатулъайн нест мешаванд;
ва ба залолат афтода, мисли ҳама пажмурда мегарданд,
ва мисли сари хӯша бурида мешаванд.
25 Ва агар чунин набошад, кист, ки тавонад маро такзиб кунад,
ва сухани маро ҳеҷу пуч гардонад?»
25БОБИ БИСТУ ПАНҶУМ
Нутқи сеюми Билдод: инсон ба ҳузури Худо чист?
1 Ва Билдоди Шуҳӣ ҷавоб гардонда, гуфт:
2 «Ҳукмронӣ ва тарс дар Ӯст;
дар афрозҳои Худ осоиштагӣ ба вуҷуд меоварад.
3 Оё фавҷҳои Ӯ сону шумор доранд?
Ва кист, ки нури Ӯ бар вай тулӯъ намекарда бошад?
4 Вале инсон чӣ гуна ба ҳузури Худо одил шавад?
Ва зодаи зан чӣ гуна пок бошад?
5 Инак, ҳатто моҳ чандон рӯшноӣ намедиҳад,
ва ситорагон дар назари Ӯ пок нестанд,
6 Алалхусус инсон, ки мисли кирм аст,
ва писари одам, ки мисли митта аст».
26БОБИ БИСТУ ШАШУМ
Ҷавоби ҳаштуми Айюб: нутқи Билдод метавонад касро ба ноумедӣ дуҷор созад,
лекин Айюб ба Худо имон меоварад.
1 Ва Айюб ҷавоб гардонда, гуфт:
2 «Чӣ гуна ту ба беқуввате мадад расондӣ,
ва бозуи бемаҷолеро раҳо кардӣ!
3 Чӣ гуна ту ба беҳикмате машварат додӣ,
ва ҳақиқати ҳолро ба хубӣ фаҳмондӣ!
4 Барои кӣ ин суханонро гуфтӣ?
Ва рӯҳи кист, ки аз ту берун омад?
5 Арвоҳи мурдагон дар зери об,
ва сокинони он ба ларза меоянд.
6 Дӯзаҳ пеши назари Ӯ бараҳна аст,
ва барои асфалуссофилин рӯпӯше нест.
7 Шимолро бар хало мегустаронад,
заминро бар нестӣ меовезад.
8 Обро дар абрҳои Худ банд мекунад,
ва ҳеҷ саҳобе зери он намекафад.
9 Рӯи тахти Худро мепӯшонад,
абри Худро бар он паҳн мекунад.
10 Хате бар рӯи об мекашад,
то ба ҳадди рӯшноӣ ва торикӣ.
11 Сутунҳои осмон ба ларза меояд,
ва аз итоби Ӯ ба даҳшат меафтад.
12 Бо қуввати Худ баҳрро ба шӯр меоварад,
ва бо хиради Худ раҳабро захмдор мекунад.
13 Аз рӯҳи Ӯ осмон шукӯҳ ёфтааст;
дасти Ӯ аждари болдорро нобуд кардааст.
14 Инак, инҳо ҳиссаест аз роҳҳои Ӯ;
ва чӣ сухани андаке дар ҳаққи Ӯ шунидаем!
Вале раъди қудрати Ӯро кист, ки тавонад пай барад?»
27БОБИ БИСТУ ҲАФТУМ
Давоми ҷавоби Айюб.
1 Ва Айюб нутқи худро давом дода, гуфт:
2 «Қасам ба ҳаёти Худо, ки Ӯ маро аз адлу инсоф маҳрум намудааст,
ва ба ҳаёти Қодир, ки ҷони маро талх кардааст,
3 Ки то даме ки ҷони ман дар тани ман аст,
ва нафаси Худо дар димоғи ман аст,
4 Лабҳоям ноинсофона сухан нахоҳад ронд,
ва забонам дурӯғ нахоҳад гуфт!
5 Ҳошо, ки ман шуморо ҳақ шуморам:
то дами мурданам нахоҳам гузошт, ки беайбии маро аз ман дур кунед.
6 Адли худро маҳкам нигоҳ доштаам, ва онро тарк нахоҳам кард;
дили ман аз аввали ҳастиам маро мазаммат накардааст.
7 Душмани ман мисли шарир хоҳад буд,
ва мухолифи ман мисли ноинсоф.
8 Зеро риёкор чӣ умеде дорад, вақте ки Худо ӯро маҳв мекунад,
вақте ки ҷони ӯро мегирад?
9 Оё Худо фарьёди ӯро хоҳад шунид,
вақте ки мусибате ба сари ӯ ояд?
10 Оё ӯ аз Қодир шодкомӣ хоҳад ёфт,
ва ҳар вақт Худоро хоҳад хонд?
11 Он чиро, ки дар дасти Худост, ба шумо таълим хоҳам дод;
он чиро, ки аз ҷониби Қодир аст, ниҳон нахоҳам кард.
12 Инак, шумо ҳамаатон инро дидаед;
ва чаро чунин суханони хушкухолӣ мегӯед?
13 Чунин аст насибаи одами шарир аз ҷониби Худо,
ва меросе ки золимон аз Қодир пайдо мекунанд.
14 Агар фарзандони ӯ бисьёр шаванд, тӯъмаи шамшер хоҳанд шуд;
ва авлоди ӯ аз нон сер нахоҳанд шуд.
15 Бақияи онҳо аз вафот дар гӯр хоҳанд шуд;
ва занони беваашон гирья нахоҳанд кард.
16 Агар ӯ нуқраро мисли хок ҷамъ оварад,
ва либосро мисли гил тайёр кунад, —
17 Ӯ тайёр мекунад, вале онро одил хоҳад пӯшид,
ва нуқраро бегуноҳ мерос хоҳад гирифт.
18 Хонаи худро ӯ мисли куя бино мекунад,
ва мисли соябоне ки нигаҳбон месозад.
19 Ба сифати сарватдор хоб меравад, вале дигар чунин нахоҳад буд:
чашмони худро мекушояд, — ва сарваташ нест шудааст.
20 Даҳшатҳо мисли об ӯро фаро мегирад;
шабона ӯро тундбод мерабояд.
21 Боди шарқӣ мебардорад, ва меравад;
ва ӯро аз маконаш лесида мебарад.
22 Ва бар ӯ тир меандозад, ва дареғ намедорад,
агарчи ӯ зӯр мезанад, ки аз дасти он бигрезад.
23 Дар ҳаққи ӯ даст бар ҳам месояд,
ва аз маконаш ба ҳоли ӯ ҳуштак мекашад.
28БОБИ БИСТУ ҲАШТУМ
Давоми ҷавоби Айюб.
1 Ба яқин, нуқра маъдане дорад,
ва тилло маконе ки мегудозанд.
2 Оҳан аз хок гирифта мешавад,
ва мис аз санг гудохта мешавад.
3 Одам ба торикӣ хотима медиҳад,
ва то ниҳояти дараҷа сангҳоро дар торикӣ
ва зулмот тафтиш мекунад.
4 Ғоре ба зери макони аҳолинишин мекананд,
аз хотири пиёдагардҳои рӯи замин фаромӯш мешаванд,
ва дур аз мардум овезон гардида,
ба ҳар сӯ ҳаракат мекунанд.
5 Замине ки аз сатҳаш нон мерӯяд, андарунаш,
мисли он ки аз оташ бошад, чаппагардон шудааст.
6 Сангҳояш макони ёқути кабуд аст,
ва тиллои хока дорад.
7 Роҳи онро бози шикорӣ намедонад,
ва чашми уқоб онро надидааст.
8 Даррандагон бар он қадам нагузоштаанд,
ва арсалон бар он гузар накардааст.
9 Ба сангх хоро дасти худро дароз мекунад,
кӯҳҳоро аз буньёдашон чаппа мегардонад.
10 Дар кӯҳпораҳо чӯйҳо меканад,
ва чашмаш ҳар чизи гаронбаҳоро мебинад.
11 Наҳрҳоро аз таровиш мебандад,
ва чизи ниҳонро ба рӯшноӣ мебарорад.
12 Валекин ҳикмат аз куҷо ёфт мешавад?
Ва макони хирад куҷост?
13 Инсон қадри онро намедонад,
ва он дар замини зиндагон ёфт намешавад.
14 Варта мегӯяд: „Он дар ман нест“;
ва баҳр мегӯяд: „Назди ман нест“;
15 Зари холис дар ивази он дода намешавад,
ва нуқра ба баҳои он баркашида намешавад.
16 Ба он на бо зари сурхи Ӯфир қимат дода мешавад,
на бо ҷазъи гаронбаҳо ва ёқути кабуд.
17 Тилло ва оина ба он баробар нест,
ва зевари зари холис наметавонад онро иваз намояд.
18 Марҷон ва булӯр зикр намеёбад,
ва пайдо кардани ҳикмат аз ҷавоҳир душвортар аст.
19 Ёқути зарди ҳабаш ба он баробар нест;
ба он бо зари сурхи покиза баҳо дода намешавад.
20 Валекин ҳикмат аз куҷо меояд?
Ва макони хирад куҷост?
21 Ва ҳол он ки он аз чашми тамоми махлуқот пинҳон аст,
ва аз мурғони ҳаво нуҳуфта аст.
22 Асфалуссофилин ва марг мегӯянд:
„Овозаи онро бо гӯши худ шунидаем“.
23 Худо роҳи онро медонад,
ва Ӯ аз макони он хабардор аст,
24 Зеро ки Ӯ то ба ақсои замин назар мекунад,
ва он чиро, ки зери тамоми осмон аст, мебинад.
25 Ҳангоме ки Ӯ вазне барои бод муқаррар намуд,
ва обҳоро бо мизоне ҷойгир кард,
26 Ва ҳангоме ки низоме барои борон қарор дод,
ва роҳе барои барқи тундарҳо, —
27 Он гоҳ онро дид ва онро дар шумор овард,
онро муҳайё кард,
ва онро низ тафтиш намуд,
28 Ва ба одамизод гуфт: „Инак, тарси Худованд ҳикмат аст,
ва аз бадӣ дур шудан хирад аст“».
29БОБИ БИСТУ НӮҲУМ
Давоми ҷавоби Айюб.
Ӯ ба айбдоркунии бардурӯғи Алифоз зрод мегирад.
1 Ва Айюб нутқи худро давом дода, гуфт:
2 «Кошки ман мисли моҳҳои пеш мебудам,
мисли рӯзҳое ки Худо маро нигоҳ медошт,
3 Вақте ки чароғи Ӯ бар сари ман нур мепошид,
ва ман бо рӯшноии он дар торикӣ роҳ мерафтам;
4 Мисли он ки дар рӯзҳои ҷавонии худ будам,
вақте ки дӯстии Худо бар хаймаи ман буд,
5 Вақте ки Қодир ҳанӯз бо ман буд,
ва фарзандонам дар гирду пеши ман буданд,
6 Вақте ки пойҳои ман бо қаймоқ шуста мешуд,
ва кӯҳпора барои ман ҷӯйбори равған мерехт!
7 Ҳангоме ки ман ба дарвозаи шаҳр мебаромадам,
ва нишастгоҳи худро дар майдон муҳайё менамудам, —
8 Ҷавонон маро дида, пинҳон мешуданд,
ва пирон бархоста, рост меистоданд;
9 Мирон аз суханронӣ худдорӣ мекарданд,
ва даст ба даҳони худ мемонданд;
10 Овози сарварон хомӯш мешуд,
ва забонашон ба комашон мечаспид.
11 Гӯше ки овозаи маро мешунид, маро сазовори хушбахтӣ медонист;
ва чашме ки рафтори маро медид, ба адолати ман шаҳодат медод,
12 Зеро мазлумеро, ки истиғоса мебурд,
ва ятимеро, ки мададгор надошт, раҳо мекардам;
13 Баракати шахсе ки гирифтори ҳалокат буд, ба ман мерасид,
ва дили бевазанро ман шод менамудам.
14 Ҷомаи адлро мепӯшидам, ва он ба воситаи ман ҷомаи амал мепӯшид:
доварии ман мисли ридо ва дастор буд.
15 Ман барои кӯр чашм будам
ва барои ланг — пой;
16 Барои мискинон ман падар будам,
ва даъвои ношиносро тафтиш менамудам,
17 Ва дандонҳои осиёи шахси ноинсофро мешикастам,
ва нахҷирро аз дандонҳояш меафтондам.
18 Ва дар дили худ мегуфтам: „Дар лонаи худ хоҳам мурд,
пас аз он ки рӯзҳоям мисли рег сершумор гардад;
19 Решаи ман сӯи об паҳн хоҳад шуд,
ва бар шоху баргҳои ман шабнам қарор хоҳад гирифт;
20 Ҷалоли ман ҳамеша дар ман тоза хоҳад буд,
ва камони ман дар дастам қувват хоҳад ёфт“.
21 Маро мешуниданд ва интизор мешуданд,
ва барои машварати ман хомӯш мемонданд.
22 Баъд аз сухани ман чизе намегуфтанд,
ва каломи ман бар онҳо мечакид:
23 Ба ман мисли бороне интизорӣ доштанд,
ва даҳони худро барои борони охирин мекушоданд.
24 Вақте ки ба онҳо табассум менамудам, бовариашон намеомад;
ва нури рӯи ман онҳоро хушнӯд мекард.
25 Роҳи онҳоро интихоб менамудам ва дар садри маҷлис менишастам,
ва дар миёни фавҷ мисли подшоҳе сокин будам,
ва мисли шахсе ки азодоронро тасаллӣ медиҳад.
30БОБИ СИЮМ
Давоми ҷавоби Айюб.
1 Ва алҳол ба ҳоли ман касоне механданд,
ки синнашон аз синни ман камтар аст,
ва ман розӣ намешудам ба он ки падарони онҳоро бо сагони рамаи худ бимонам.
2 Қувваи бозувони онҳо низ ба ман чӣ лозим буд?
Тароваташон нест шуда буд.
3 Аз мӯҳтоҷӣ ва гуруснагӣ бемадор шуда,
ба чӯли тираи хушку хало мегурехтанд,
4 Шӯргиёҳ ва баргҳои буттаҳоро мечиданд,
ва решаҳои ратам+ 30:4 Ратам — як хел дарахти қадпасти биёбон, ки тана ва шохаҳои бағоят сахт дорад. Решаи он талх аст. хӯроки онҳо буд.
5 Аз байни ҷамоат бадар ронда мешуданд,
ба сари онҳо мисли дуздон дод мегуфтанд.
6 Дар дараҳои рӯдҳо маскан мегирифтанд,
дар ғорҳои замин ва сахраҳо.
7 Дар миёни буттаҳо оху фиғон мекарданд,
зери хорзор паноҳ меёфтанд.
8 Ин мардуми нобакор, ин мардуми гумном низ,
ба ин сабаб аз замин рад шудаанд!
9 Валекин алҳол ман суруди таҳқиромези онҳо гардидаам,
ва барояшон калимаи тамасхур шудаам.
10 Онҳо аз ман нафрат доранд, аз ман дур мешаванд,
ва аз туф кардан бар рӯи ман худдорӣ намекунанд.
11 Зеро ки Ӯ зеҳи камони маро кушода, маро
зеру забар кардааст,
ва онҳо лаҷоми худро ба хузури ман сар додаанд.
12 Аз тарафи рост издиҳоми бачагон бархоста,
пойҳоямро ба танг меоваранд,
ва роҳҳои ҳалокатовари худро бар ман равона мекунанд.
13 Роҳи маро вайрон карда,
фалокати маро афзун менамоянд,
дар сурате ки монеае барояшон нест.
14 Мисли он ки аз рахнаи фарохе бошад, сӯи ман меоянд,
ба сони тундбод ҳуҷум меоваранд.
15 Даҳшатҳо маро фаро гирифта,
мисли боде ҳиммати маро таъқиб мекунад,
ва комьёбии ман мисли абре гузашта рафтааст.
16 Ва алҳол ҷонам андаруни ман ба ҳаяҷон меояд:
рӯзҳои уқубат маро дар бар гирифтааст.
17 Шаб устухонҳоямро шикофта, аз ҳам ҷудо мекунад,
ва рагҳоям ором надорад.
18 Бо қуввати азими Ӯ либосам тағьир ёфтааст,
ва он маро мисли гиребони куртаам зер мекунад.
19 Маро Ӯ дар гил андохтааст,
ва ман монанди хок ва хокистар шудаам.
20 Сӯи Ту истиғоса мебарам, ва иҷобат намекунӣ;
ба дуо меистам, фақат бар ман назар меандозӣ.
21 Нисбат ба ман бераҳм гардидаӣ,
бо қудрати дасти Худ ба ман кина меварзӣ.
22 Маро бо бод бардошта, бар он савор кардӣ,
ва маро бо тундбоде вожгун менамоӣ.
23 Медонам, ки Ту маро ба марг хоҳӣ расонид,
ва ба хонае ки барои ҷамъ омадани ҳамаи зиндаҳост.
24 Ба яқин ба хоктӯдае даст дароз нахоҳад кард,
вақте ки кас дар мусибати худ фақат аз ин хусус истиғоса мебарад.
25 Оё ман ба ҳоли каси бадрӯзе гирья намекардам?
Оё ҷонам аз қисмати мискин ғамгин намешуд?
26 Ҳангоме ки ба некӣ умед мебастам, бадӣ омад,
ва ҳангоме ки ба нур интизорӣ доштам, торикӣ фаро расид.
27 Амъоям ба ҷӯш меояд ва ором намеёбад;
рӯзҳои мусибат маро истиқбол намудааст.
28 Тирарӯй шуда мегардам, вале на аз офтоб;
дар миёни ҷамоат бархоста, истиғоса мебарам.
29 Бародари шағолон шудаам,
ва ёри шутурмурғон.
30 Пӯстам сиёҳ шуда, аз танам фурӯ мерезад,
ва устухонам аз ҳарорати баданам сӯхта хушк шудааст.
31 Барбати ман ба сӯгдорӣ табдил ёфтааст,
ва наи ман ба садои гирьяндагон.
31БОБИ СИЮ ЯКУМ
Давоми ҷавоби Айюб.
1 Бо чашмони худ аҳд бастаам,
ки ба дӯшиза назар наандозам.
2 Пас қисмати ман аз ҷониби Худо аз улув чӣ гуна аст?
Ва мероси ман аз ҷониби Қодир аз афроз?
3 Ҳалокат, охир, барои ноинсоф аст,
ва мусибат барои бадкирдорон.
4 Ӯ, охир, роҳҳои маро мебинад,
ва ҳамаи қадамҳоямро дар шумор меоварад.
5 Агар бо роҳи ботил рафта бошам,
ва пои ман сӯи макр шитофта бошад, —
6 Бигзор маро Худо бо тарозуи адл бисанҷад,
ва беайбии маро бидонад.
7 Агар қадами ман аз роҳ баромада бошад,
ва дили ман аз паи чашмонам рафта бошад,
ва лаккае ба дастҳоям часпида бошад, —
8 Бигзор ман кишт кунам, ва дигаре бихӯрад,
ва ҳосилоти ман решакан гардад.
9 Агар дили ман ба зане фирефта шуда бошад,
ва назди дари ёри худ камин гирифта бошам, —
10 Бигзор зани ман барои дигаре ос кунад,
ва дигарон ба вай ҳамбистар шаванд.
11 Чунки ин фисқу фуҷур аст,
ва гуноҳи мансуб ба дорулқазост,
12 Зеро ин оташ аст, ки то ба ҳадди асфалуссофилин хоҳад хӯрд
ва тамоми маҳсулоти маро решакан хоҳад кард.
13 Агар ба даъвои ғулом ва канизи худ беэътиноӣ карда бошам,
ҳангоме ки онҳо аз ман дод мехостанд, —
14 Пас, вақте ки Худо бархезад, чӣ кор хоҳам кард?
Ва ҳангоме ки тафаққуд намояд, ба Ӯ чӣ ҷавоб хоҳам дод?
15 Охир, Ӯ ки маро дар батн офардидааст, варо низ офаридааст,
ва ҳар дуро Ягона дар раҳим ба вуҷуд овардааст.
16 Агар аз иҷрои талаби бенавоён даст кашида бошам,
ва чашмони бевазанро аз интизорӣ хаста карда бошам,
17 Ва луқмаи нони худро ба танҳоӣ хӯрда бошам,
ва ятиме аз он нахӯрда бошад,
18 Дар сурате ки аз бачагиам ӯ бо ман, ҷун бо падар, калон шудааст,
ва аз батни модарам бевазанро ҳидоят намудаам;
19 Агар касеро дида бошам, ки бе либос нобуд мешавад,
ва мискинеро, ки пӯшок надорад;
20 Агар андомҳои ӯ маро баракат надода бошад,
ва аз пашми гӯсфандони ман гарм нашуда бошад;
21 Агар дасти худро бар ятиме боло карда бошам,
вақте ки назди дарвоза барои худ мадад медидам, —
22 Бигзор бозуи ман аз китфам ҷудо шуда афтад,
ва соиди ман аз оринҷам бишканад,
23 Зеро ки ҳалокат аз ҷониби Худо барои ман тарсовар буд,
ва пеши кибриёи Ӯ нотавон будам.
24 Агар тиллоро умеди худ дониста бошам,
ва ба зари холис гуфта бошам: „Ту пушту паноҳи ман ҳастӣ“;
25 Агар шодӣ карда бошам аз он ки дороии ман фаровон аст,
ва дастам сарвати бузурге пайдо кардааст;
26 Агар бар офтоб назар андохта бошам, вақте ки тулӯъ менамуд,
ва бар моҳ, вақте ки бо камоли дурахшонӣ гардиш мекард,
27 Ва дили ман ба таври ниҳонӣ фирефта шуда,
даҳони ман дастамро бӯсида бошад,
28 Ки ин низ гуноҳи мансуб ба дорулқазост,
зеро ки Худои Таолоро инкор менамудам;
29 Агар аз мусибати душмани худ шодӣ карда бошам,
ва аз ин ки вай бадӣ ёфтааст, ба ваҷд омада бошам, —
30 Ва ҳол он ки даҳони худро аз хато кардан нигоҳ дошта,
бар ҷони вай лаънат нахостаам;
31 Агар аҳли хаймаи ман нагуфта бошад:
„Кист, ки аз гӯшти вай сер нашудааст!“ —
32 Дар сурате ки ғарибе шабро дар кӯча намегузаронд:
дарҳои худро барои роҳгузар мекушодам;
33 Агар ҷиноятҳои худро ҳамчун одамизод рӯпӯш карда,
гуноҳи худро дар синаи худ пинҳон дошта бошам, —
34 Зеро ки аз ҷамоат бағоят ҳаросон мешудам,
ва нафрати қабилаҳо маро дар даҳшат меандохт,
ва ман хомӯш монда, аз дари худ берун намерафтам.
35 Кошки касе маро мешунид!
Инак имзои ман!
Бигзор Қодир ба ман ҷавоб диҳад!
Кошки Даъвогари ман айбномае менавишт!
36 Ба яқин онро бар китфи худ бардошта мегаштам,
мисли афсаре бар сари худ мениҳодам,
37 Шумораи қадамҳои худро ба Ӯ мегуфтам,
мисли мире ба Ӯ наздик мешудам.
38 Агар замини ман аз дасти ман доду фарьёд бардошта,
ҷӯякҳои он якҷоя гириста бошад;
39 Агар қуввати онро хӯрда бошам, бе он ки қиматашро адо кунам;
ва агар ҷони соҳибони онро ба танг оварда бошам, —
40 Бигзор хорҳо ба ҷои гандум
ва явшон ба ҷои ҷав бирӯяд».
Суханони Айюб хотима ёфт.
32БОБИ СИЮ ДУЮМ
Айюб ва Элиҳу; нутқи Элиҳу.
1 Ва он се шахс аз ҷавоб гардондан ба Айюб бозмонданд, чунки ӯ дар назари худ одил буд.
2 Ва хашми Элиҳу ибни Баракъили Бузӣ, ки аз қабилаи Ром буд, ба ҷӯш омад: хашми вай бар Айюб аз он сабаб ҷӯш зад, ки ӯ худро бештар аз Худо одил мешумурд;
3 Ва хашми вай бар се дӯсти ӯ аз он сабаб ҷӯш зад, ки онҳо натавонистанд ҷавобе ёфта, айби Айюбро исбот намоянд.
4 Ва Элиҳу ба суханронӣ бо Айюб сабр карда буд, зеро ки онҳо дар синну сол аз вай калонтар буданд.
5 Вале чун Элиҳу дид, ки ба даҳони он се шахс ҷавобе нест, хашмаш ба ҷӯш омад.
6 Ва Элиҳу ибни Баракъили Бузӣ ба сухан оғоз намуда, гуфт:
«Ман дар синну сол ҷавон ҳастам, ва шумо — мӯйсафед,
бинобар ин тарсида, ҷуръат накардам, ки фикри худро ба шумо изҳор намоям.
7 Дар дили худ гуфтам: „Бигзор синни зиёд сухан ронад,
ва фаровонии солҳо ҳикмат омӯзад“.
8 Аммо дар банӣ‐одам рӯҳе ҳаст,
ва нафаси Қодир ба онҳо хирад мебахшад.
9 На калонсолҳо соҳиби ҳикматанд,
ва на пирҳо адлро мефаҳманд.
10 Бинобар ин мегӯям: „Маро бишнавед;
ман низ фикри худро баён хоҳам кард“.
11 Инак, ба суханронии шумо интизорӣ кашидам,
барои шунидани мулоҳизаҳои шумо гӯш ниҳодам,
то даме ки суханонро месанҷидед.
12 Ва ман ба шумо бо умед назар дӯхтам,
ва инак, аз байни шумо касе нест, ки Айюбро мазаммат намояд,
бо суханони худ ба ӯ ҷавоб гардонад.
13 Мабодо бигӯед:
„Ҳикматро дарьёфтаем:
Худо ӯро мулзам хоҳад кард, на одамизод“.
14 Ӯ бо суханонаш ба ман рӯ наовардааст,
ва ман бо нутқҳои шумо ба ӯ ҷавоб нахоҳам гардонд.
15 Ҳаросон шуда, дигар ҷавоб намегардонанд:
сухан аз онҳо дур шудааст.
16 Ва ман интизорӣ кашида дидам, ки сухан намеронанд:
бозистода, дигар ҷавоб намегардонанд.
17 Пас, ман низ аз ҷониби худ ҷавоб хоҳам гардонд:
ман низ фикри худро баён хоҳам кард.
18 Зеро ки ман аз суханон пур ҳастам;
рӯҳе ки дар ботини ман аст, маро фишор медиҳад.
19 Инак, ботини ман мисли шароби нокушода мебошад,
мисли машкҳои наве ки ба кафидан наздик аст.
20 Сухан хоҳам ронд, то сабук шавам;
лабҳои худро кушода, ҷавоб хоҳам гардонд.
21 Ба касе рӯйбинӣ нахоҳам кард,
ва ба одаме тамаллуқ нахоҳам гуфт.
22 Зеро ки агар тамаллуқгӯӣ аз дастам биёяд,
Офаридагорам зуд маро аз миён хоҳад бардошт.
33БОБИ СИЮ СЕЮМ
Давоми нутқи Элиҳу.
1 Ва акнун, эй Айюб, суханони маро бишнав
ва ба ҳамаи гуфтаҳоям гӯш андоз.
2 Инак, лабҳои худро кушодам:
забонам дар даҳонам сухан меронад.
3 Суханонам ифодаи дили софи ман аст,
ва лабҳоям дониши холисро баён мекунад.
4 Рӯҳи Худо маро ба вуҷуд овардааст,
ва нафаси Қодир ба ман ҳаёт бахшидааст.
5 Агар тавонӣ, ба ман ҷавоб гардон:
пеши ман ба мунозира ҳозир шав.
6 Инак, ман нисбат ба Худо мисли ту ҳастам:
ман низ аз гил сиришта шудаам.
7 Инак, бими ман туро дар даҳшат нахоҳад андохт,
ва фишори ман бар ту гарон нахоҳад омад.
8 Ба яқин, ту дар гӯши ман сухан рондӣ,
ва ман садои каломатро шунидам:
9 „Ман пок ҳастам ва бе маъсият;
ман айбе надорам, ва гуноҳе дар ман нест;
10 Инак, Ӯ баҳонаҳо бар ман меҷӯяд,
маро душмани Худ ҳисоб мекунад,
11 Пойҳоямро дар ишкел меандозад,
ҳамаи роҳҳои маро мепояд“.
12 Ана дар ҳамин хусус ба ту ҷавоб мегардонам, ки ҳақ ба ҷониби ту нест,
чунки Худо аз инсон бузургтар аст.
13 Чаро ба Ӯ даъво мекунӣ,
ки аз тамоми аъмоли Худ ҳисобот намедиҳад?
14 Зеро ки Худо ба як тарз сухан меронад,
ва ба тарзи дуюм, агар ба он суханаш сарфаҳм нараванд:
15 Дар хоб, дар рӯъёи шаб,
вақте ки одамонро хоб зер мекунад;
вақте ки бар бистар ғанабашон мебарад.
16 Он гоҳ Ӯ гӯши одамонро мекушояд ва панд дода,
бар онҳо асаре мегузорад,
17 То ки одамизодро аз амали бад дур кунад,
ва ғурурро аз мард пинҳон дорад.
18 Ҷони варо Ӯ аз гӯр маҳфуз медорад,
ва ҳаёти варо аз нобуд шудан ба дами шамшер.
19 Ё ки вай болои бистари худ аз дарде азият мекашад,
ва изтироби устухонҳояш пурзӯр аст,
20 Ва ҳаёти вай аз нон нафрат дорад,
ва ҷони вай аз хӯроки лазиз.
21 Ҷисми вай барбод меравад, ба тавре ки дида намешавад,
ва устухонҳояш, ки ноаён буд, барҷаста мебарояд.
22 Ва ҷони вай ба гӯр наздик мешавад,
ва ҳаёташ ба малакулмавт.
23 Агар барои вай фариштае,
як ҳимоятгаре аз байни ҳазор бошад,
то ки росткории одамро баён намояд, —
24 Дар он сурат Ӯ ба вай раҳм карда, ба он фаришта хоҳад гуфт:
„Варо аз фурӯд омадан ба гӯр раҳо намо;
Ман кафорате пайдо кардаам“.
25 Ҷисми вай бештар аз ҷавониаш тароват хоҳад гирифт:
вай ба айёми наврасии худ хоҳад баргашт.
26 Ба ҳузури Худо дуо хоҳад гуфт, ва он мустаҷоб хоҳад шуд,
ва рӯи Ӯро бо шодӣ хоҳад дид,
ва Ӯ ба инсон адолати варо хоҳад баргардонид.
27 Вай ба мардум рӯ оварда, хоҳад гуфт:
„Гуноҳ кардам ва роҳи ростро каҷ кардам,
ва сазои ман дода нашуд;
28 Ҷони маро аз фурӯд омадан ба гӯр Ӯ раҳо намуд,
ва ҳаёти ман аз нур баҳра мебарад“.
29 Инак, ҳамаи ин чизҳоро Худо бо мард ду‐се дафъа ба амал меоварад,
30 То ки ҷони варо аз гӯр баргардонад
ва бо нури ҳаёт мунаввар созад.
31 Диққат намо, эй Айюб, маро бишнав;
хомӯш нишин, ва ман сухан хоҳам ронд.
32 Агар сухане дошта бошӣ, ба ман ҷавоб гардон;
бигӯ, зеро мехоҳам, ки адолати худро исбот намоӣ.
33 Вагар на, ту маро бишнав;
хомӯш бош, ва ман ҳикматро ба ту таълим хоҳам дод».
34БОБИ СИЮ ЧОРУМ
Давоми нутқи Элиҳу.
1 Ва Элиҳу суханашро давом дода, гуфт:
2 «Эй хирадмандон, суханони маро бишнавед;
ва эй донишмандон, ба ман гӯш андозед.
3 Зеро ки гӯш суханонро месанҷад,
чунон ки ком таъми хӯрокро фарқ мекунад.
4 Биёед, барои худ адлу инсофро интихоб кунем,
дар миёни худ бифаҳмем, ки чизи накӯ чист?
5 Зеро ки Айюб гуфт: „Ҳақ ба ҷониби ман аст,
вале Худо маро аз адлу инсоф маҳрум намудааст;
6 Гарчанде ки адлу инсоф бо ман аст, каззоб ҳисоб ёфтаам;
гарчанде ки ҷинояте накардаам, дарди ман бедавост“.
7 Он мард кист, ки мисли Айюб
тамасхурро мисли об бинӯшад,
8 Бо бадкирдорон ҳамроҳ шавад
ва бо мардуми шароратпеша қадамгузор бошад?
9 Зеро ки ӯ гуфт: „Барои одам фоидае нест
аз он ки иродаи Худоро ба ҷо оварад“.
10 Бинобар ин, эй соҳибдилон, маро бишнавед:
калло ва ҳошо, ки аз Худо шарорате сар барзанад,
ва аз Қодир ноинсофие.
11 Зеро ки Ӯ музди одамро аз рӯи амали вай адо мекунад,
ва мувофиқи роҳи ҳар кас ба вай подош медиҳад.
12 Дар ҳақиқат, Худо шароратро пеша намекунад,
ва Қодир адлу инсофро таҳриф наменамояд.
13 Кист, ки Ӯро ҳокими замин таъин карда бошад?
Ва кист, ки тамоми дуньёро ба дасти Ӯ супурда бошад?
14 Агар Ӯ дили Худро сӯи Худ нигаронида,
рӯҳи Худ ва нафаси Худро назди Худ фароҳам оварад, —
15 Тамоми башар якбора нест хоҳад шуд,
ва одамизод ба хок хоҳад баргашт.
16 Пас, агар хирад дорӣ, инро бишнав,
ба садои суханонам гӯш андоз.
17 Оё бадхоҳи адлу инсоф метавонад салтанат ронад?
Ва оё ту Одили Кабирро ба шарорат айбдор мекунӣ?
18 Оё ба подшоҳ гуфтан мумкин аст, ки „сафил ҳастӣ“;
ё ба яке аз наҷибон, ки „шарир ҳастӣ“?
19 Ва ҳол он ки Ӯ ба мирон рӯйбинӣ намекунад,
ва сарватдорро аз бенаво афзал намедонад,
чунки ҳамаашон амали дастҳои Ӯ ҳастанд.
20 Онҳо дар як он мемиранд, ва нисфи шаб қавм ба шӯр омада,
ба ҳуҷум мегузаранд, ва зӯроваронро нест мекунанд,
бе он ки ба онҳо даст расонанд.
21 Зеро ки чашмони Ӯ бар роҳҳои кас аст,
ва ҳамаи қадамҳои варо мебинад.
22 На торикӣ ҳаст ва на зулмот,
ки бадкирдорон дар он ҷо тавонанд пинҳон шаванд.
23 Зеро боз ба зиммаи кас намегузорад,
ки назди Худо ба мурофиа биёяд.
24 Зӯроваронро, бе он ки тафтиш намояд, шикаст медиҳад,
ва дигаронро ба ҷои онҳо мемонад.
25 Чунки кирдорҳошонро медонад,
ва дар як шаб онҳоро вожгун мекунад,
ва онҳо маҳв мешаванд.
26 Онҳоро барои шарораташон
пеши назари ҳама зарба мезанад,
27 Чунки онҳо аз пайравии Ӯ дур шудаанд
ва ҳамаи роҳҳои Ӯро нафаҳмидаанд
28 Ва боиси он гардидаанд, ки фарьёди бенавоён ба Ӯ расидааст,
ва Ӯ фиғони мазлумонро шунидааст.
29 Агар ӯ сокит карда бошад, кист, ки тавонад зътироз намояд?
Ва агар Ӯ рӯи Худро пӯшида бошад, кист, ки тавонад ба Ӯ назар андозад?
Ин хоҳ нисбат ба халқе ва хоҳ нисбат ба одаме баробар аст.
30 Ӯ риёкорро аз подшоҳӣ маҳрум мекунад,
то касоне ки қавмро ба дом меоваранд, салтанат наронанд.
31 Оё мумкин аст, ки одам ба Худо бигӯяд:
„Ҷазо дидаам, бе он ки бадкирдорие карда бошам;
32 Он чиро, ки намебинам, Ту ба ман бифаҳмон,
ва агар гуноҳе карда бошам,
дигар нахоҳам кард“?
33 Оё мукофоти амал фақат ба ҳасби фикри ту бояд дода шавад, ки чунин гиламанд ҳастӣ?
Оё онро фақат ту бояд интихоб намоӣ, ва на ман?
Ва дар ин хусус ту чӣ медонӣ, ки бигӯӣ?
34 Соҳибони фаҳм хоҳанд гуфт,
ва ҳар марди бохирад низ, ки маро мешунавад:
35 „Айюб на аз рӯи дониш сухан меронад,
ва суханонаш ба хирад мувофиқ нест“.
36 Орзумандам, ки Айюб то ба охир озмуда шавад,
барои он ки мисли хабисон ҷавоб мегардонад,
37 Зеро ки бар хатои худ ҷиноятро зам мекунад,
дар миёни мо даст бар ҳам месояд
ва бар зидди Худо бисьёр сухан меронад».
35БОБИ СИЮ ПАНҶУМ
Давоми нутқи Элиҳу.
1 Ва Элиҳу суханашро давом дода, гуфт:
2 «Оё инро адлу инсоф ҳисоб мекунӣ,
ки гуфтаӣ: „Ман аз Худо одилтарам“?
3 Зеро ки гуфтаӣ: „Адолатам барои Ту чӣ фоидае хоҳад дошт?
Ва ман чӣ нафъе хоҳам бурд, ки он агар аз гуноҳам бештар бошад?“
4 Ман ба ту ҷавоб мегардонам,
ва ба ёронат бо ту:
5 Ба осмон назар андоз ва бубин,
ва бар фалак бингар, ки аз ту баландтар аст.
6 Агар хатое карда бошӣ, ба Ӯ чӣ метавонӣ бикунӣ?
Ва агар ҷиноятҳоят афзуда бошад, ба Ӯ чӣ зиёне метавонӣ бирасонӣ?
7 Агар одил бошӣ, ба Ӯ чӣ метавонӣ бидиҳӣ?
Ё Ӯ аз дасти ту чӣ чизе хоҳад гирифт?
8 Шарорати ту барои касест, ки мисли ту бошад,
ва адолати ту барои одамизод аст.
9 Аз ситамҳои зиёд фиғон мекашанд,
аз дасти зӯроварон истиғоса мебаранд,
10 Вале касе намегӯяд: „Куҷост Худои Офаридагори ман,
ки шабонгоҳ сурудҳо ато мекунад,
11 Моро бештар аз ҳайвоноти рӯи замин таълим медиҳад
ва бештар аз мурғони ҳаво ҳикмат мебахшад?“
12 Дар он ҷо ба сабаби ғурури бадкорон фарьёд мезананд,
вале Ӯ иҷобат намекунад.
13 Зеро ки Худо фарьёди ботилро намешунавад,
ва Қодир ба он назар намекунад.
14 Агарчи гуфтаӣ, ки ту Ӯро намебинӣ, бо вуҷуди ин,
даъвои ту пеши Ӯст, ва ту дар интизори Ӯ бош.
15 Ва алҳол, азбаски дар ғазаби Худ ҳанӯз насанҷидааст,
ва ҷиноятро ба хубӣ надонистааст,
16 Бинобар ин Айюб даҳони худро ба ёвагӯӣ кушода,
бе он ки донад, бисьёр сухан меронад».
36БОБИ СИЮ ШАШУМ
Давоми нутқи Элиҳу.
1 Ва Элиҳу суханашро давом дода, гуфт:
2 «Андаке ба ман сабр намо, то ба ту изҳор кунам,
зеро ки боз суханон дар ҳаққи Худо дорам.
3 Фикри худро аз дур баён хоҳам кард,
ва ба Офаридагори худ васфи адолатро хоҳам гуфт.
4 Зеро ки ҳақиқатан суханони ман дурӯғ нест:
шахси комилфикре бо ту сухан меронад.
5 Инак, Худо тавоност ва касеро тарк намекунад;
ҳам дар қувват тавоност ва ҳам донодил аст.
6 Шарирро зинда намегузорад,
ва доди мазлумонро медиҳад.
7 Чашмони Худро аз одилон дур намекунад,
балки онҳоро ба сурати абадӣ бо подшоҳон бар тахт мешинонад,
ва онҳо сарафроз мешаванд.
8 Вале агар онҳо бо завлонаҳо баста шуда бошанд,
ва гирифтори қайди мусибат гардида бошанд,
9 Дар он сурат аъмолашонро ба онҳо мефаҳмонад,
ва ҷиноятҳошонро, ки афзудааст;
10 Ва гӯшашонро барои панд мекушояд,
ва ба онҳо мегӯяд, ки аз хабосат даст кашанд.
11 Агар онҳо гӯш кунанд ва Ӯро ибодат намоянд,
рӯзҳои худро дар хушбахтӣ мегузаронанд,
ва солҳои худро дар хурсандӣ.
12 Ва агар гӯш накунанд, ба дами шамшер нобуд мешаванд,
ва бе он ки донише пайдо кунанд, мемиранд.
13 Валекин касоне ки дили пур аз риё доранд, дарғазаб мешаванд,
ва ба Ӯ истиғоса намебаранд, вақте ки онҳоро гирифтори қайди мусибат мекунад.
14 Ҷонашон дар ҷавонӣ фано мешавад,
ва ҳаёташон дар миёни аҳли фисқу фуҷур.
15 Мусибатзадагонро Ӯ ба воситаи мусибаташон халос мекунад,
ва гӯшашонро бо фишор мекушояд.
16 Ва ҳатто туро Ӯ аз даҳони бадбахтӣ берун меоварад
ба вусъатобод, ки мусибате дар он ҷо набошад;
ва ҳар таоме ки бар суфраи ту фурӯд меомад, пур аз равған мебуд.
17 Вале ту аз даъвоҳои шарир пур ҳастӣ;
доварӣ ва бозхости Ӯ туро фаро хоҳад гирифт.
18 Барҳазар бош, ки мабодо ғазабат туро фирефта намуда, ба зарбаи Ӯ гирифтор кунад:
ва кафорати бисьёр набояд туро дар иштибоҳ андозад.
19 Оё истиғосаи ту қимате дорад барои он ки Ӯ туро ба вусъатобод барорад?
Ва тамоми ин шиддату қуввате ки ба зидди Ӯ ба кор мебарӣ?
20 Орзуманди он шабе набош,
ки қавмҳо дар он аз ҷояшон нест мешаванд.
21 Эҳтиёт намо, ба маъсият моил нашав,
зеро ки онро бештар аз итоат баргузидаӣ.
22 Инак, Худо бо қуввати Худ олист;
кист, ки мисли Ӯ таълим диҳад?
23 Кист, ки роҳи Ӯро амр фармуда бошад?
Ва кист, ки бигӯяд: „Ту ноинсофӣ кардаӣ“?
24 Дар ёд дошта бош, ки корҳои Ӯро такбир гӯӣ,
ки онҳоро мардум месароянд.
25 Ҳамаи одамон онҳоро мебинанд;
ҳар кас ба онҳо аз дур назар меандозад.
26 Инак, Худо муаззам аст, ба тавре ки мо наметавонем Ӯро бишиносем;
шумораи солҳои Ӯ ҳадду ҳисоб надорад.
27 Ӯ қатраҳои обро ҷудо мекунад;
онҳо андаруни буғ борони зулол мегардад,
28 Ки онро абрҳо фурӯ рехта,
бар одамон фаровон меборонад.
29 Кист, ки тавонад амали абрҳои густурда
ва гулдурроси хаймаи Ӯро дарк намояд?
30 Инак, нури Худро бар он мегустаронад
ва қаъри баҳрро мепӯшонад.
31 Ба ин васила қавмҳоро доварӣ мекунад,
ба фаровонӣ ризқу рӯзӣ медиҳад.
32 Нурро дар кафҳои Худ ниҳон медорад,
ва онро амр мефармояд, ки ба ҳадафе бизанад.
33 Гулдурроси он аз наздик омадани он хабар медиҳад,
ва тундбод аз ҷӯшиши ғазаби Ӯ.
37БОБИ СИЮ ҲАФТУМ
Давоми нутқи Элиҳу.
1 Аз ин низ дили ман ба тапиш меафтад
ва аз хонааш мебарояд.
2 Ғулғулаи овози Ӯро бодиққат бишнавед,
ва садоеро, ки аз даҳони Ӯ мебарояд.
3 Онро ба зери тамоми осмон равона мекунад,
ва нури Ӯ дар ақсои замин намоён аст.
4 Баъд аз он, овозе ба ғурриш меояд:
Ӯ бо овози кибриёи Худ гулдуррос мезанад,
ва ҳангоме ки овозаш шунида шуд, онҳоро боздорӣ намекунад.
5 Худо бо овози Худ ба таври аҷоиб гулдуррос мезанад,
корҳои бузурге мекунад, ки барои мо ақлнорас аст.
6 Зеро ки ба барф мегӯяд: „Ба замин фурӯд ой“;
ҳамчунин ба боридани борон ва ба боридани боронҳои пурзӯри Худ.
7 Дасти ҳар одамро мӯҳр мезанад,
то ки тамоми мардум амали Ӯро бидонанд.
8 Он гоҳ ҳайвонот низ дар ғорҳои худ пинҳон мешаванд
ва дар лонаҳои худ менишинанд.
9 Аз ҷануб тундбод меояд,
ва аз шимол сармо.
10 Аз нафаси Худо ях ба вуҷуд меояд,
ва сатҳи об яхбанд мешавад.
11 Ӯ нами зиёде бар абрҳо бор мекунад,
ва саҳобҳои нури Худро мегустаронад.
12 Ва онҳо бар тибқи тадбирсозиҳои Ӯ ба ҳар тараф чарх мезананд,
то ҳар чиро, ки ба онҳо амр фармояд,
бар рӯи замини ободон ба амал оваранд,
13 Хоҳ онҳоро барои ҷазо ба замини Худ равона кунад,
хоҳ барои эҳсонкорӣ.
14 Ба ин гӯш деҳ, эй Айюб!
Биисту ба корҳои аҷоиби Худо бодиққат назар андоз.
15 Оё ту хабардор ҳастӣ, ки Худо бори Худро чӣ гуна бар онҳо мегузорад,
ва нурро амр мефармояд, ки абрҳои Ӯро равшан кунад?
16 Оё ту аз мувозанаи абрҳо хабардор ҳастӣ,
ки он аз корҳои аҷоиби Комилфикр аст?
17 Оё ту хабардор ҳастӣ, ки либосҳоят чӣ гуна гарм мешавад,
вақте ки замин аз боди ҷанубӣ сокит мегардад?
18 Оё ту метавонӣ ба монанди Ӯ фалакро бигустаронӣ,
ки он мисли оинаи фулуззӣ мустаҳкам аст?
19 Моро таълим деҳ, ки ба ин корҳои Ӯ чӣ гӯем?
Мо аз боиси торикӣ наметавонем чизе ба забон оварем.
20 Оё васфи пурраи Ӯ қобили имкон аст, ки ман боз сухан ронам?
Оё касе метавонад бигӯяд, ки чизе аз Ӯ пинҳон мемонад?
21 Ва ҳоло нури офтобро аз паси абрҳо намебинанд,
гарчанде ки он бар фалак дурахшон аст;
вале боде вазида, онро тоза хоҳад кард.
22 Аз шимол фурӯғи заррин меояд:
ин акси шукӯҳи саҳмгинест, ки бар Худост.
23 Қодирро мо наметавонем дарьёбем:
Ӯ дар қувват ва инсоф бузург аст
ва дар адолат муаззам; ситам намекунад.
24 Бинобар ин, бояд ки одамон тарсгори Ӯ бошанд;
лекин Ӯ ба ҳамаи донодилон назар намекунад».
38БОБИ СИЮ ҲАШТУМ
Айюб ба ҳузури Худованд.
1 Ва Худованд ба Айюб аз миёни тундбод ҷавоб гардонда, гуфт:
2 «Он кист, ки машварати Маро
бо суханони бемаънӣ торик мекунад?
3 Канӣ, камари худро мисли мард бибанд:
Ман ба ту савол хоҳам дод, ва ту ба Ман бифаҳмон.
4 Вақте ки Ман буньёди заминро мениҳодам, ту куҷо будӣ?
Бигӯ, агар аз хирад хабардор бошӣ.
5 Кист, ки андозаҳои онро муайян намуд? Оё медонӣ?
Ё кист, ки шоқулро бар он кашид?
6 Пояҳои он бар чӣ чиз ниҳода шудааст,
ё кист, ки санги зовияи онро гузошт,
7 Дар суратеки ситорагони субҳ якҷоя тараннум мекарданд,
ва ҳамаи фарзандони Худо нидоҳои шодӣ медоданд?
8 Ва кист, ки баҳрро бо дарвозаҳо баст,
ҳангоме ки он аз батн ҷаста берун меомад,
9 Ҳангоме ки Ман абрро либоси он
ва меғро парпечи он гардондам,
10 Ва низоми Худро барои он барқарор намудам,
ва ғалақаю дарвозаҳо гузоштам,
11 Ва гуфтам: „То ба ин ҷо биё, ва аз он набояд бигзарӣ,
ва дар ин ҷо саркашии мавҷҳоят боздошта хоҳад шуд“?
12 Оё ту дар яке аз рӯзҳои умри худ ба субҳидам амр фармудаӣ
ва ба шафақ макони онро нишон додаӣ,
13 То ки ақсои заминро фаро гирад,
ва шарирон аз он афшонда шаванд,
14 Ва он мисли локи зери мӯҳр тағьир ёбад,
ва ҳама чиз мисли либоси рангин ба зуҳур ояд,
15 Ва шарирон аз нурашон маҳрум шаванд,
ва бозуи баланд шикаста гардад?
16 Оё ту ба чашмаҳои қаъри баҳр фурӯд омадаӣ?
Ва ба интиҳои варта рафта расидаӣ?
17 Оё дарвозаи мамот барои ту кушода шудааст?
Ва дарвозаи зулмотро дидаӣ?
18 Оё ту ба фазои замин назар андохтаӣ?
Бигӯ, агар аз ҳамааш хабардор бошӣ.
19 Роҳи маскани нур чӣ гуна аст,
ва макони торикӣ куҷост,
20 То ки онро ба ҳудудаш бирасонӣ,
ва роҳҳои хонаи онро ба хубӣ бидонӣ?
21 Ба яқин, ту ин чизҳоро медонӣ, зеро ки дар он вақт таваллуд ёфтаӣ,
ва шумораи рӯзҳоят бузург аст.
22 Оё ту ба хазоини барф фурӯд омадаӣ,
ва хазоини жоларо дидаӣ,
23 Ки онҳоро Ман барои замони тангӣ,
барои рӯзи муҳориба ва ҷанг нигоҳ доштаам?
24 Бо кадом роҳ нур тақсим мешавад,
ва боди шарқӣ бар замин паҳн мегардад?
25 Кист, ки маҷрое барои борони сел сохт,
ва роҳе барои барқи тундарҳо,
26 То ки бар замини беодам бориш кунад,
бар биёбоне ки касе дар он нест,
27 Барои он ки чӯли хушк ва халоро сероб намояд,
ва аз он наботот бирӯёнад?
28 Оё борон падар дорад?
Ё кист, ки қатраҳои шабнамро ба вуҷуд овард?
29 Кист, ки аз батнаш ях берун омад?
Ва кист, ки қирави осмонро ба вуҷуд овард?
30 Об мисли санг сахт мешавад,
ва сатҳи варта зери ях пинҳон мегардад.
31 Оё ту ақдҳои Парвинро бастаӣ?
Ё бандҳои Ҷабборро метавонӣ бикшоӣ?
32 Оё ту метавонӣ бурҷҳои минтақатулбуруҷро дар сари вақташон берун оварӣ
ва Дубби Акбарро бо бачагонаш роҳбарӣ намоӣ?
33 Оё ту низоми осмонро медонӣ?
Оё ҳукми онро метавонӣ бар замин барқарор намоӣ?
34 Оё овози худро метавонӣ ба абрҳо баланд кунӣ,
то ки туро оби фаровоне бипӯшонад?
35 Оё ту барқҳоро метавонӣ бифиристӣ,
то ки онҳо бираванд ва ба ту бигӯянд: „Лаббай!“
36 Кист, ки ҳикматро дар ботин ниҳод?
Ё кист, ки хирадро ба шиҳоби соқиб бахшид?
37 Кист, ки бо ҳикмат абрҳоро дар шумор меоварад?
Ва кист, ки машкҳои осмонро мегустаронад,
38 Дар сурате ки хок ба гил табдил ёфта, сахт мешавад,
ва кулӯхҳо ба ҳамдигар мечаспад?
39 Оё ту нахҷирро барои шери мода сайд менамоӣ,
ва иштиҳои шерҳои ҷавонро қонеъ мегардонӣ,
40 Вақте ки онҳо дар лонаҳо мехобанд,
ё дар беша нишаста, камин мегиранд?
41 Кист, ки хӯроки зоғро муҳайё мекунад,
вақте ки бачаҳояш сӯи Худо истиғоса мебаранд
ва аз боиси бехӯрокӣ овора шуда мегарданд?
39БОБИ СИЮ НӮҲУМ
Давоми он.
1 Оё ту вақти зоидани бузҳои кӯҳиро медонӣ?
Дарди зоиши оҳуёнро мушоҳида кардаӣ?
2 Оё пур шудани моҳҳои хомиладории онҳоро метавонӣ дар шумор оварӣ?
Ва оё вақти зоидани онҳоро медонӣ?
3 Онҳо хам шуда, бачаҳои худро мезоянд,
борҳои худро берун мекунанд.
4 Бачаҳои онҳо кувват мегиранд, дар дашт калон мешаванд,
баромада мераванд ва назди онҳо барнамегарданд.
5 Кист, ки хари ваҳширо ба озодӣ сар дод?
Ва кист, ки бандҳои гӯрхарро яла кард,
6 Ки Ман чӯлро хонаи вай
ва шӯразаминро маскани вай муқаррар намудаам?
7 Вай ҳаёҳуи шаҳрро тамасхур мекунад,
шавқуни харбонро намешунавад;
8 Дар кӯҳсор барои худ чарогоҳ меёбад,
ва ҳар навъ сабзаро ҷустуҷӯ мекунад.
9 Оё гови ваҳшӣ розӣ мешавад, ки ба ту хизмат кунад?
Оё вай назди охури ту маскан мегирад?
10 Оё гови ваҳширо бо арғамчини он метавонӣ ба ҷӯяк бибандӣ?
Оё вай аз ақиби ту кулӯхҳоро мола хоҳад кард?
11 Оё ба вай, ба сабаби пурқувват буданаш, умед хоҳӣ баст,
ва кори худро ба вай ҳавола хоҳӣ кард?
12 Оё ба вай эътимод хоҳӣ кард, ки ҳосилоти туро бозгардонад,
ва дар хирмангоҳат ҷамъ оварад?
13 Оё шутурмурғ бо шодӣ болафшон мешавад?
Оё болафшонии вай монанди лаклак аст?
14 Зеро ки вай тухмҳои худро бар замин вогузор менамояд,
ва бар рӯи хок онҳоро гарм мекунад,
15 Ва аз хотир мебарорад, ки пое онро пахш мекунад,
ва ҳайвони саҳро онро маҷақ мекунад;
16 Ба бачаҳояш дилсахтӣ мекунад, гӯё ки аз они вай набошанд;
меҳнаташ зоеъ шавад ҳам, вай парвое надорад,
17 Зеро ки Худо варо аз ҳикмат маҳрум кардааст,
ва аз хирад ба вай насибе надодааст.
18 Вақте ки вай ба давиш баланд мешавад,
бар асп ва савораи он механдад.
19 Оё ту ба асп қувват бахшидаӣ,
ва гардани онро бо ёл пӯшондаӣ?
20 Оё ту онро мисли малах ба давутози пурғулғула овардаӣ,
дар сурате ки садои баланди фах‐фахн он даҳшатангез аст?
21 Вай дар водӣ по мекӯбад, ва аз қуввати худ ба ваҷд меояд;
ба истиқболи яроқ берун меравад.
22 Бар бим механдад ва ба ҳарос намеафтад,
ва аз дами шамшер ақиб намегардад.
23 Тирдон бар вай ҷаранг‐ҷаранг мекунад,
ва найзаю мизроқи дурахшанда.
24 Бо ғулғула ва хашм заминро барқвор тай мекунад,
ва аз садои шох бетоқат шуда, пой мекӯбад.
25 Ҳар бор, ки шох садо диҳад, шеҳа мекашад,
ва аз дур ҷангро ҳис мекунад,
ва ғавғои мирон ва нидоро.
26 Оё аз хиради туст, ки қарчиғай парафшон мегардад
ва болҳои худро ба самти ҷануб менигаронад?
27 Оё ба амри туст, ки уқоб сууд мекунад
ва ошьёнаи худро дар баландӣ месозад?
28 Вай бар сари кӯҳпора маскан гирифта,
фароғат мекунад, бар дандонаи кӯҳпора ва қалъа;
29 Аз он ҷо нахҷире ҷустуҷӯ мекунад:
чашмонаш аз дур мебинад;
30 Ва чӯҷаҳояш хун мехӯранд,
ва ҳар куҷо ки лошае бошад, вай он ҷост».
31 Ва Худованд суханашро давом дода, ба Айюб гуфт:
32 «Оё касе ки бо Қодир муҷодила менамояд, боз танбеҳ хоҳад кард?
Мазамматкунандаи Худо бигзор ҷавоб гардонад!»
33 Ва Айюб ба Худо ҷавоб гардонда, гуфт:
34 «Инак, ман ҳақир ҳастам; ба Ту чӣ ҷавоб мегардонам?
Дасти худро ба даҳонам мондаам.
35 Як карат гуфтаам, ва дигар нахоҳам гуфт,
ва дубора такрор нахоҳам кард».
40БОБИ ЧИЛУМ
Давоми он.
1 Ва Худованд ба Айюб аз миёни тундбод ҷавоб гардонда, гуфт:
2 «Канӣ, камари худро мисли мард бибанд:
Ман ба ту савол хоҳам дод, ва ту ба Ман бифаҳмон.
3 Оё ту мехоҳӣ доварии Маро ботил намоӣ,
Маро айбдор созӣ, то ки худро одил нишон диҳӣ?
4 Ва оё ту бозуе мисли Худо дорӣ,
ва бо овозе мисли Ӯ метавонӣ гулдуррос занӣ?
5 Пас, худро бо кибриё ва ҷалол оро бидеҳ,
ва пероҳани шукӯҳ ва шавкат бипӯш;
6 Ғазаб ва хашми худро бирез,
ва ба ҳар мағрур назар андохта, ӯро залил намо;
7 Ба ҳар мағрур назар андохта, ӯро мутеъ гардон,
ва шариронро дар маконашон поймол кун;
8 Онҳоро якҷоя дар хок ниҳон намо
ва рӯйҳошонро дар ниҳонхонае банд кун.
9 Он гоҳ Ман низ туро ҳамд хоҳам гуфт,
ки яминат метавонад туро мададгор шавад.
10 Инак баҳимут, ки варо ба монанди ту офаридаам;
вай мисли гов алаф мехӯрад.
11 Инак, қуввати вай дар камари вай аст,
ва тавоноии вай дар мушакҳои шикамаш.
12 Думи худро мисли арз меҷунбонад;
рагҳои ронаш ба ҳам печидааст.
13 Узвҳояш мисли қубурҳои мисин аст,
устухонҳояш мисли сихҳои оҳанин.
14 Вай нахустини корҳои Худост;
фақат Офаридагори вай метавонад
шамшери Худро ба вай наздик оварад.
15 Кӯҳҳо барои вай ғизо меоварад,
ва тамоми ҳайвоноти саҳро дар он ҷо бозӣ мекунанд.
16 Зери буттаҳои нилуфар мехобад,
дар сояи наистон ва дар ботлоқ.
17 Буттаҳои нилуфар варо бо сояи худ мепӯшонад,
бедҳои лаби наҳр варо иҳота мекунад.
18 Инак, дарьё ба талотум меояд, аммо вай ҳаросон намешавад:
Урдун пеши даҳонаш ҷаста берун ояд ҳам, вай ором хоҳад буд.
19 Оё варо касе дар пеши назари вай метавонад бигирад?
Ё бинии варо бо қуллоб сӯрох кунад?
20 Оё ту метавонӣ аждарро бо шаст бикашӣ?
Ва забонашро бо арғамчин фишор диҳӣ?
21 Оё ту метавонӣ аз бинии вай маҳор гузаронӣ?
Ва ҷоғи варо бо хоре шикоф кунӣ?
22 Оё вай ба ту бисьёр зорӣ хоҳад кард?
Оё бо мулоимат ба ту сухан хоҳад ронд?
23 Оё вай бо ту иттифоқ хоҳад баст?
Оё варо ба сурати абадӣ ба ғуломӣ хоҳӣ гирифт?
24 Оё варо мисли гунҷишке бозӣ хоҳӣ доронд?
Ва барои канизони худ варо хоҳӣ баст?
25 Оё аҳли сайд варо хоҳанд фурӯхт?
Оё варо дар миёни тоҷирони канъонӣ тақсим хоҳанд кард?
26 Оё ту метавонӣ пӯсти варо бо найзаҳо сӯрох кунӣ,
ва сари варо бо сихи моҳигирон?
27 Агар дасти худро ба вай бирасонӣ,
муборизаро дар ёд хоҳӣ дошт, ва дигар нахоҳӣ кард.
41БОБИ ЧИЛУ ЯКУМ
Давоми он.
1 Инак, умеди дастгир кардани вай беасл аст;
фақат аз дидани вай, охир,
кас ба даҳшат хоҳад афтод.
2 Чунон шахси диловаре нест, ки варо барангезад;
пас кист, ки ба ҳузури Ман истодагӣ намояд?
3 Кист, ки аз Ман пешдастӣ кардааст, ва Ман талофӣ бидиҳам?
Зери тамоми осмон ҳар чиз аз они Ман аст.
4 Дар бораи андоми вай хомӯш нахоҳам монд,
ва дар бораи иқтидор ва зебоии ҷуссаи вай.
5 Кист, ки тавонад рӯи либоси варо яла кунад?
Кист, ки тавонад ба дандонҳои дуқатораи вай наздик ояд?
6 Кист, ки тавонад дарҳои башараи варо воз кунад?
Доираи дандонҳои вай даҳшатангез аст.
7 Сипарҳои қавии вай пур аз ифтихор аст;
бо мӯҳри сахте маҳкам карда шудааст;
8 Бо якдигар тавре пайвастааст,
ки аз миёнашон ҳаво намегузарад;
9 Ба ҳамдигар тавре часпида,
васл ёфтааст, ки ҷудо намешавад.
10 Аз атсаҳои вай нур падид меояд,
ва чашмони вай мисли пилкҳои шафақи субҳ аст.
11 Аз даҳони вай машъалҳо берун меояд,
шарораҳои оташ мепарад.
12 Аз сӯрохҳои бинии вай дуд мебарояд,
мисли деги ҷӯшон ва қамишҳои сӯзон.
13 Нафаси вай ахгарҳоро дармегиронад,
ва аз даҳони вай аланга берун меояд.
14 Бар гардани вай қувват ҷойгир шудааст,
ва даҳшат ба ҳузури вай мерақсад.
15 Қурчҳои шиками вай маҳкам часпида,
бар вай сахт шудааст ва овезон намешавад.
16 Дили вай мисли санг сахт аст,
ва мисли осиёсанги зерин ноҷунбон аст.
17 Вақте ки вай бармехезад, паҳлавонон ба ҳарос меафтанд,
ва аз даҳшат дасту по гум мекунанд.
18 Шамшере ки ба вай бизананд, истодагӣ нахоҳад кард,
ҳамчунин найза, мизроқ ва тир.
19 Вай оҳанро мисли хасе медонад,
ва мисро мисли чӯби пӯсидае.
20 Тири камон варо дар гурез намеоварад,
сангҳои фалахмон барои вай ба пари коҳ табдил меёбад.
21 Гурз мисли пари коҳе ҳисоб меёбад;
ва ба савти найза вай механдад.
22 Дар таҳти ҷисмаш пулакчаҳои мисли сафолпора тезе дорад,
гӯё ки ғаллакӯбаки тездандонро бар гил мегустаронад.
23 Гирдобро мисли дег ба ҷӯш меоварад,
дарьёро ба потилаи дорупазӣ монанд мегардонад.
24 Дар ақиби худ роҳи дурахшоне боқӣ мегузорад,
ба тавре ки варта ба назар сафедмӯй менамояд.
25 Бар рӯи хок мислаш нест,
ки чунин нотарс офарида шуда бошад.
26 Ба ҳар чизи олӣ нотарс менигарад:
вай бар ҳамаи даррандагон подшоҳ аст».
42БОБИ ЧИЛУ ДУЮМ
Ҳукмномаи Айюб дар ҳаққи худи ӯ.
1 Ва Айюб ба Худованд ҷавоб гардонда, гуфт:
2 «Медонам, ки ҳар кор аз дасти Ту меояд,
ва нияти Туро боздоштан мумкин нест.
3 „Он кист, ки машваратро бемаънӣ пинҳон мекунад?“
Ба яқин, ман дар бораи чизҳое ки фаҳм накардаам, фикр баён намудаам,
дар бораи корҳои аҷоибе ки аз ақли ман берун аст, ва ман онҳоро намедонам.
4 „Канӣ, бишнав, ва ман сухан хоҳам ронд:
ман ба Ту савол хоҳам дод, ва Ту ба ман бифаҳмон“.
5 То ҳол ман овозаи Туро шунида будам,
ва акнун чашмонам Туро дидааст,
6 Бинобар ин аз суханонам нафрат дорам,
ва дар хок ва хокистар пушаймон мешавам».
Хотима: Айюб сафед шуда, сазовори шараф гардид.
7 Ва воқеъ шуд баъд аз он ки Худованд ин суханонро ба Айюб гуфт, Худованд ба Алифози Темонӣ чунин гуфт: «Ғазаби Ман бар ту ва бар ду дӯсти ту оташ гирифтааст, чунки дар бораи Ман мисли бандаи Ман Айюб сухани дуруст нагуфтед.
8 Ва акнун барои худ ҳафт наргов ва ҳафт қӯчқор бигиред, ва назди бандаи Ман Айюб биравед, ва барои худ қурбонии сӯхтанӣ бароваред, ва бандаи Ман Айюб барои шумо дуо хоҳад гуфт, зеро ки фақат рӯи ӯро иҷобат хоҳам намуд, бе он ки ба шумо бадӣ бикунам, чунки дар бораи Ман мисли бандаи Ман Айюб сухани дуруст нагуфтед».
9 Ва Алифози Темонӣ ва Билдоди Шуҳӣ ва Сӯфори Наъмотӣ рафтанд, ва он чи Худованд ба онҳо фармуд, ба ҷо оварданд, ва Худованд рӯи Айюбро иҷобат намуд.
10 Ва Худованд Айюбро ба вазъияти пештараи ӯ баргардонид, вақте ки ӯ барои дӯстони худ дуо гуфт; ва Худованд ба Айюб ҳар он чи пештар дошт, дучандон зиёд кард.
11 Ва ҳамаи бародарони ӯ ва ҳамаи хоҳарони ӯ ва ҳамаи ошноҳои пештараи ӯ назди ӯ омаданд, ва дар хонаи ӯ бо ӯ нон хӯрданд, ва дар бораи тамоми мусибате ки Худованд ба сари ӯ оварда буд, ба ӯ ҳамдардӣ изҳор намуда, ӯро тасаллӣ доданд, ва ҳар кас ба ӯ як қсито+ 42:11 Қсито — сиккаи қадимӣ, ки аз микдори муайяни нуқра иборат буда, бар рӯяш нақши гӯсфанд дошт. ва як ҳалқаи тилло дод.
12 Ва Худованд охири Айюбро бештар аз аввали ӯ баракат дод, ва ӯро чордаҳ ҳазор бузу гӯсфанд ва шаш ҳазор шутур ва ҳазор ҷуфт гов ва ҳазор модахар буд.
13 Ва ӯро ҳафт писар ва се духтар буд.
14 Ва духтари якумро Емимо, ва дуюмро Қесио, ва сеюмро Қерен‐Ҳаппух ном ниҳод.
15 Ва дар тамоми замин мисли духтарони Айюб занони хушлиқо ёфт намешуданд, ва падарашон ба онҳо дар миёни бародаронашон мерос дод.
16 Ва баъд аз он Айюб саду чил сол зиндагӣ кард, ва фарзандони худ ва фарзандони фарзандони худро то насли чорум дид.
17 Ва Айюб пир ва солхӯрда шуда, вафот ёфт.