КИТОБИ

ИРМИЁИ НАБӢ

1

БОБИ ЯКУМ

Сарсухан.

1 Суханони Ирмиё ибни Ҳилқиё, аз коҳиноне ки дар Анотӯт, дар замини Биньёмин буданд,

2 Ки дар айёми Йӯшиё ибни Амӯн подшоҳи Яҳудо, дар соли сездаҳуми подшоҳии вай, каломи Худованд бар ӯ нозил шуд,

3 Ва дар айёми Еҳӯёқим ибни Йӯшиё подшоҳи Яҳудо, то охири соли ёздаҳуми Сидқиё ибни Йӯшиё подшоҳи Яҳудо, то вақте ки Ерусалим дар моҳи панҷум ба асирӣ бурда шуд.

Даъват шудани Ирмиё.

4 Ва каломи Худованд бар ман нозил шуда, гуфт:

5 «Пеш аз он ки туро дар батн ба вуҷуд оварам, Ман Туро шинохтам,

ва пеш аз он ки ту аз шикам берун оӣ, туро тақдис намудам,

туро барои халқҳо набӣ таъин кардам».

6 Ва ман гуфтам: «Ё Худоё Худовандо!

Ман, охир, наметавонам сухан ронам,

зеро ки амраде ҳастам».

7 Вале Худованд ба ман гуфт:

«Нагӯ: „Ман амраде ҳастам“,

балки сӯи ҳар касе ки туро бифиристам, хоҳӣ рафт,

ва ҳар чиро, ки ба ту амр фармоям, хоҳӣ гуфт.

8 Аз онҳо натарс, зеро Ман бо ту ҳастам,

то ки туро халосӣ диҳам», — гуфт Худованд.

9 Ва Худованд дасти Худро дароз карда, ба даҳанам расонд, ва Худованд ба ман гуфт:

«Инак, суханони Худро дар даҳони ту гузоштам.

10 Бидон, ки туро имрӯз бар халқҳо ва бар мамлакатҳо баргумоштам,

то ки решакан кунӣ ва вайрон намоӣ,

талаф кунӣ ва хароб намоӣ,

обод кунӣ ва ниҳол шинонӣ».

Рӯъёи шохаи дарахти бодом ва дег.

11 Ва каломи Худованд бар ман нозил шуда, гуфт: «Эй Ирмиё, чӣ чизе ту мебинӣ?» Ва ман гуфтам: «Шохаи дарахти бодомро мебинам».

12 Ва Худованд ба ман гуфт: «Хуб дидаӣ; зеро ки Ман бар каломи Худ ба хубӣ диққат мекунам, то ки онро ба амал оварам».

13 Ва каломи Худованд бори дигар бар ман нозил шуда, гуфт: «Чӣ чизе ту мебинӣ?» Ва ман гуфтам: «Деги ҷӯшоне мебинам, ки рӯи он аз ҷониби шимол аст».

14 Ва Худованд ба ман гуфт: «Мусибате аз шимол бар ҳамаи сокинони ин замин хоҳад омад.

15 Зеро инак, Ман ҳамаи қабилаҳои мамлакатҳои шимолро даъват хоҳам намуд, — гуфт Худованд, — ва онҳо омада, ҳар яке тахти худро дар даҳани дарвозаи Ерусалим, ва назди ҳамаи деворҳои он гирдогирд, ва назди ҳамаи шаҳрҳои Яҳудо барқарор хоҳанд кард.

16 Ва бар онҳо барои тамоми шарораташон доварӣ хоҳам кард, барои он ки онҳо Маро тарк намуда, ба худоёни дигар бухур сӯзонданд, ва ба маснӯи дастҳои худ саҷда карданд.

17 Пас, ту камари худро бибанд, ва бархоста, ҳар он чиро Ман ба ту амр фармоям, ба онҳо бигӯй; аз онҳо натарс, мабодо туро пеши онҳо ба изтироб оварам.

18 Ва инак, Ман туро имрӯз шаҳри истеҳкомдоре ва сутуни оҳанине ва ҳисори мисине бар тамоми ин замин, ба муқобили подшоҳони Яҳудо, ба муқобили мирони он, ба муқобили коҳинони он ва ба муқобили қавми ин замин гардондам.

19 Ва онҳо бо ту ҷанг хоҳанд кард, вале бар ту ғолиб нахоҳанд омад, зеро ки Ман бо ту ҳастам, — гуфт Худованд, — то ки туро халосӣ диҳам».

2

БОБИ ДУЮМ

Ирмиё ба Яҳудо фиристода шуд.

1 Ва каломи Худованд бар ман нозил шуда, гуфт:

2 «Бирав ва ба гӯши Ерусалим хитоб намуда, бигӯй:

Худованд чунин мегӯяд:

меҳри айёми ҷавонӣ ва муҳаббати давраи арӯсии туро,

вақте ки аз қафои Ман дар биёбон,

дар замини нокишта мерафтӣ,

барои ту дар хотир дорам.

3 Исроил барои Худованд қудс аст,

ва навбари меваҳои Ӯ;

онҳое ки онро бихӯранд, маҳкум хоҳанд шуд,

ва мусибате бар онҳо хоҳад омад», — мегӯяд Худованд.

4 Каломи Худовандро бишнавед, эй хонадони Яъқуб

ва ҳамаи қабилаҳои хонадони Исроил!

5 Худованд чунин мегӯяд:

«Падарони шумо дар Ман чӣ ноинсофӣ ёфтанд,

ки аз Ман дур шуданд, ва аз қафои ҳеҷу пуч рафта,

худашон ба батолат мубаддал гардиданд?

6 Ва нагуфтанд: „Куҷост Худованде

ки моро аз замини Миср берун овард,

ва моро дар биёбон,

дар замини вайрона ва пур аз ҳафраҳо,

дар замини харобазор ва зулмот бурд,

дар замине ки касе аз он гузар накардааст,

ва касе дар он сокин набуд?“

7 Ва Ман шуморо ба боғистон овардам,

то ки меваҷот ва неъмати онро бихӯред;

вале шумо омада, замини Маро палид кардед,

ва мероси Маро зишт гардондед.

8 Коҳинон нагуфтанд: „Худованд куҷост?“

Ва шариатдонон Маро нашинохтанд,

ва чӯпонон ба Ман осӣ шуданд;

ва анбиё ба исми Баал нубувват карданд,

ва аз қафои чизҳое рафтанд, ки фоида намебахшад.

9 Бинобар ин боз бар шумо доварӣ хоҳам кард, — мегӯяд Худованд, —

ва бар писарони писарони шумо доварӣ хоҳам кард.

10 Пас, бар ҷазираҳои Киттим гузар кунед ва бубинед,

ва ба Қедор бифиристед ва дурустакак назар андозед,

ва бубинед, ки оё чизе монанди ин воқеъ шудааст?

11 Оё халқе худоёни худро иваз кардаанд,

агарчи онҳо худо нестанд?

Вале қавми Ман ҷалоли худро

ба он чи фоида намебахшад, иваз кардаанд.

12 Ба ин тааҷҷуб намоед, эй афлок,

ва ба ҳаяҷон омада, бағоят дар даҳшат афтед! — мегӯяд Худованд.

13 Зеро ки қавми Ман ду кори бад карданд: Маро, ки

чашмаи оби ҳаёт ҳастам, тарк карда, барои худ сардобаҳо

канданд, сардобаҳои кафидае ки наметавонад обро нигоҳ дорад.

14 Оё Исроил ғулом аст? Ё хоназод аст?

Пас чаро вай ба ғанимат гирифта шудааст?

15 Шерони ҷавон бар вай наъра зада,

овози худро баланд карданд,

ва замини онро ба биёбон табдил доданд;

шаҳрҳои он сӯхта, ғайримаскун шудааст.

16 Писарони Нӯф ва Таҳфанҳес низ

фарқи саратро зада шикастанд.

17 Оё ин осеб ба ту аз он сабаб нарасид,

ки ту Худованд Худои худро,

вақте ки туро бо роҳи рост мебурд, тарк кардӣ?

18 Ва акнун туро бо роҳи Миср чӣ кор аст, —

то ки аз оби Шиҳӯр бинӯшӣ?

Ва туро бо роҳи Ашшур чӣ кор аст, —

то ки аз оби наҳр бинӯшӣ?

19 Шарорати ту туро ҷазо медиҳад,

ва муртадии ту туро мазаммат менамояд;

пас, бидон ва бубин, ки чӣ гуна бад

ва талх аст он ки ту Худованд Худои худро тарк кардаӣ,

ва тарси Ман дар ту нест, — мегӯяд Худованд Худои лашкарҳо.

20 Аз қадимулайём юғи худро шикастӣ

ва бандҳои худро баркандӣ,

ва гуфтӣ: „Бандагӣ нахоҳам кард“,

зеро ки ту бар ҳар теппаи баланд

ва зери ҳар дарахти сабз хобида, зино кардӣ.

21 Аммо Ман туро ҳамчун рази асил,

ҳамчун тухме ки комилан некӯст, кошта будам;

пас, чӣ тавр ту барои Ман ба токи ёбоие мубаддал шудаӣ?

22 Пас, ҳарчанд худро бо ишқор бишӯӣ

ва собуни зиёде барои худ ба кор барӣ,

доғҳои гуноҳи ту пеши назари Ман намоён аст, — мегӯяд Худованд Худо.

23 Чӣ гуна метавонӣ бигӯӣ: „Худро палид накардаам,

аз қафои Баал нарафтаам“?

Ба рафторе ки ту дар водӣ кардӣ,

назар андоз ва он чиро, ки ба амал овардӣ, дарк намо,

эй модашутури сабукпое ки роҳҳои худро каҷ мекунад!

24 Ту мисли гӯрхари модаи ба биёбон одаткардае ҳастӣ,

ки он дар айни пурзӯр шудани шаҳвати дилаш кандаканда нафас мекашад,

ва кист, ки онро аз шавқи он боздошта тавонад?

Ҳамаи толибони он хаста нахоҳанд шуд:

онро дар моҳи он хоҳанд ёфт.

25 Пои худро аз бараҳнагӣ ва гулӯи худро аз ташнагӣ нигоҳ дор.

Вале ту гуфтӣ: „Не, умеде нест!

Зеро ки бегонаҳоро дӯст медорам ва аз қафои онҳо хоҳам рафт“.

26 Чунон ки дузд ҳангоми ба даст афтоданаш шармсор мешавад,

ончунон хонадони Исроил:

худашон, подшоҳашон, миронашон

ва коҳинонашон ва анбиёяшон шармсор шуданд.

27 Ба чӯб мегӯянд: „Ту падари ман ҳастӣ“,

ва ба санг: „Ту маро зоидаӣ“;

зеро ки пуштро ба Ман гардонданд, ва на рӯйро;

вале дар вақти мусибати худ мегӯянд:

„Бархез ва моро наҷот деҳ!“

28 Пас, худоёни ту, ки барои худ сохтаӣ, куҷоянд?

Бигзор онҳо бархезанд,

агар туро дар вақти мусибатат наҷот дода тавонанд;

зеро ки худоёни ту, эй Яҳудо,

баробари шумораи шаҳрҳои ту ҳастанд.

29 Чаро бо Ман талош мекунед?

Ҳамаатон ба Ман осӣ шудаед, — мегӯяд Худованд.

30 Бар абас писарони шуморо зарба задаам:

онҳо сабақе нагирифтанд;

шамшери шумо, мисли шери дарранда,

анбиёи шуморо хӯрдааст.

31 Эй шумо, ки насли ин даврон ҳастед! Ба каломи Худованд диққат диҳед:

оё Ман барои Исроил биёбон будам?

Ё кишвари торикии зулмот?

Пас, чаро қавми Ман гуфтанд:

„Мо аз ту дур шудаем, дигар назди ту нахоҳем омад“?

32 Оё бокира зевари худро,

ва арӯс тасмаи ороиши худро фаромӯш мекунад?

Вале қавми Ман рӯзҳои бешуморе Маро фаромӯш карданд.

33 Чӣ гуна моҳирона роҳи худро пайдо мекунӣ,

то ки ба ишқбозӣ ноил гардӣ!

Бинобар ин ба зиштҳо низ роҳҳои худро таълим додаӣ.

34 Дар домани либосат низ хуни ҷонҳои мискинони бегуноҳ ёфт шуд:

агарчи онҳоро дар вақти дуздӣ наёфтаӣ,

бо вуҷуди ҳамаи инҳо,

35 Ту мегӯӣ: „Азбаски бегуноҳ ҳастам,

ғазаби Ӯ аз ман баргардонида хоҳад шуд“. Инак,

Ман туро доварӣ хоҳам намуд барои он ки ту мегӯӣ:

„Ман гуноҳ накардаам“.

36 Чаро ин қадар ба залолат афтода, роҳи худро тағьир медиҳӣ?

Чунон ки аз Ашшур хиҷил шудаӣ,

ончунон аз Миср низ хиҷил хоҳӣ шуд;

37 Аз вай низ, дастҳоятро бар сарат гузошта, берун хоҳӣ рафт,

зеро Худованд аз онҳое ки пушту паноҳат медонӣ, нафрат дорад,

ва ту бо онҳо муваффақият нахоҳӣ ёфт.

3

БОБИ СЕЮМ

Ирмиё ба тавба даъват менамояд.

1 Гуфт: Агар марде зани худро талоқ диҳад,

ва вай аз ӯ ҷудо шуда, ба шавҳари дигаре расад,

оё ӯ аз нав сӯи ин зан бармегардад?

Оё он замин тамоман палид намешавад?

Вале ту бо ёрони зиёде зино кардаӣ,

ва бо ин ҳама сӯи Ман мехоҳӣ баргардӣ — гуфт Худованд. —

2 Чашмони худро ба теппаҳо баланд кун ва бубин,

ки дар куҷо бо ту хуфту хоб накардаанд?

Ба сари роҳҳо дар ихтиёри онҳо, мисли араб дар биёбон, нишастӣ,

ва заминро бо зинои худ ва бо шарорати худ палид кардӣ.

3 Ва боришҳо боздошта шуд, борони баҳорӣ ҳам наборид;

вале туро пешонии зани фоҳишае буд, — ту шарму ҳаёро аз худ дур кардӣ.

4 Оё навакак Маро нахондӣ:

„Эй Падари ман, Ту ёри ҷавонии ман ҳастӣ!

5 Оё ғазаби Ӯ ба сурати абадӣ хоҳад буд?

Оё Ӯ онро то абад нигоҳ хоҳад дошт?“

Чунин сухан рондӣ, — ва аъмоли бади худро,

ҳар қадар аз дастат ояд, давом медиҳӣ».

Ирмиё бори дуюм назди яҳудиёни ҷудогардида фиристода шуд.

6 Ва Худованд дар айёми подшоҳ Йӯшиё ба ман гуфт: «Оё ту дидӣ, ки Исроили муртад чиҳо кард? Вай ба ҳар кӯҳи баланд ва зери ҳар дарахти сабз рафта, дар он ҷо зино мекард.

7 Ва Ман гуфтам: „Баъд аз он ки ҳамаи ин корҳоро кард, сӯи Ман хоҳад баргашт“. Вале вай барнагашт; ва хоҳари хоини вай, Яҳудо, инро дид.

8 Ва Ман дидам, ки баъд аз он ки барои тамоми зинокории Исроили муртад Ман варо бадар рондам ва талоқнома ба вай додам, хоҳари хоини вай, Яҳудо, натарсид, балки худаш низ рафта, ба зино дода шуд.

9 Ва воқеъ шуд, ки вай дар зинои худ сабукрафторӣ карда, заминро палид намуд, ва бо санг ва чӯб зино кард.

10 Ва бо вуҷуди ҳамаи ин, хоҳари хоини вай, Яҳудо, бо тамоми дили худ сӯи Ман руҷӯъ накард, балки фақат бо риёкорӣ», — мегӯяд Худованд.

11 Ва Худованд ба ман гуфт: «Ҷони Исроили муртад аз Яҳудои хоин одилтар баромад.

12 Бирав ва ин суханонро ба ҷониби шимол эълон намо, ва бигӯй:

Баргард, эй Исроили муртад! — мегӯяд Худованд, —

Рӯи Худро ба шумо турш нахоҳам кард,

зеро ки Ман раҳим ҳастам, — мегӯяд Худованд, —

хашми Худро ба сурати абадӣ нигоҳ нахоҳам дошт.

13 Фақат ба гуноҳи худ иқрор шав,

ки ту ба Худованд Худои худ осӣ шудаӣ,

ва бо бегонагон зери ҳар дарахти сабз басо ишқбозӣ кардаӣ,

ва ба овози Ман шумо гӯш надодаед, — мегӯяд Худованд.

14 Баргардед, эй писарони муртад, — мегӯяд Худованд, —

зеро ки Ман ҳукмфармои шумо ҳастам,

ва шуморо як нафар аз шаҳре ва ду нафар аз қабилае хоҳам гирифт,

ва шуморо ба Сион хоҳам овард,

15 Ва ба шумо чӯпононро ба дилхоҳи Худ хоҳам дод, ки онҳо шуморо бо дониш ва ҳикмат хоҳанд чаронид.

16 Ва воқеъ хоҳад шуд, ки чун шумо бар замин афзун ва борвар гардед, дар он айём, — мегӯяд Худованд, — дигар дар бораи сандуқи аҳди Худованд сухан нахоҳанд ронд, ва он ба хотир нахоҳад омад, ва онро зикр нахоҳанд кард, ва мавҷуд набудани онро ҳис нахоҳанд кард, ва он бори дигар сохта нахоҳад шуд.

17 Дар он замон Ерусалимро тахти Худованд хоҳанд номид, ва ҳамаи халқҳо ба хотири исми Худованд дар он ҷо, дар Ерусалим ҷамъ хоҳанд шуд, ва дигар саркашии дилҳои шарири худро пайравӣ нахоҳанд кард.

18 Дар он айём хонадони Яҳудо бо хонадони Исроил роҳ хоҳанд рафт, ва якҷоя аз замини шимол ба замине ки ба падарони шумо мерос додаам, хоҳанд омад».

19 Ва Ман гуфтам:

«Чӣ гуна туро дар миёни писарон ҷойгир кунам,

ва замини матлуберо, ки мероси дилписанди халқҳои зиёд аст, ба ту бидиҳам?

Ва гуфтам: ту Маро Падари худ хоҳӣ хонд,

ва аз Ман рӯй нахоҳӣ гардонд;

20 Аммо дар ҳақиқат, чунон ки зан ба ёри худ хиёнат мекунад,

ончунон шумо низ, эй хонадони Исроил,

ба Ман хиёнат кардед — мегӯяд Худованд».

21 Овозе бар теппаҳо шунида мешавад,

овози гирья ва тазаррӯи банӣ‐Исроил,

ки роҳи худро каҷ сохта,

Худованд Худои худро фаромӯш кардаанд.

22 «Баргардед, эй писарони муртад,

ва Ман муртадиҳои шуморо шифо хоҳам дод!».

Инак, мо назди Ту меоем,

зеро ки Ту Худованд Худои мо ҳастӣ!

23 Дар ҳақиқат, умеди мо аз теппаҳо

ва анбӯҳи кӯҳҳо бар абас будааст;

дар ҳақиқат, наҷоти Исроил

дар Худованд Худои мост.

24 Аз айёми ҷавонии мо ин қабоҳат меҳнати падарони моро: гӯсфандони онҳо ва говони онҳоро, писарони онҳо ва духтарони онҳоро хӯрдааст.

25 Пас, дар қабоҳати худ бихобем, ва расвоии мо моро хоҳад пӯшонид, зеро ки мо пеши Худованд Худои худ гуноҳ кардаем, — мо ва падарони мо, аз ҷавонии мо ва то ҳамин рӯз; ва ба овози Худованд Худои мо гӯш надодаем.

4

БОБИ ЧОРУМ

Давоми он.

1 «Агар ту, эй Исроил, — мегӯяд Худованд — баргардӣ,

агар сӯи Ман баргардӣ,

ва агар қабоҳатҳои худро аз пеши Ман дур кунӣ,

оворагард нахоҳӣ шуд.

2 Ва агар дар ростӣ, инсоф ва адолат

„ба ҳаёти Худованд!“ гӯён қасам ёд кунӣ,

он гоҳ халқҳо дар вай баракат хоҳанд хост

ва бо вай фахр хоҳанд кард».

3 Зеро ки Худованд ба мардони Яҳудо ва Ерусалим чунин мегӯяд:

«Киштзори худро шудгор кунед,

ва дар миёни хорҳо накоред.

4 Худро барои Худованд махтун намоед

ва ғилофаки дилҳои худро дур кунед,

эй мардони Яҳудо ва сокинони Ерусалим,

мабодо ғазаби Ман, ба сабаби бадии аъмоли шумо,

мисли оташ берун омада, аланга занад,

ва касе набошад, ки онро хомӯш кунад.

5 Дар Яҳудо эълон намоед, ва дар Ерусалим бишнавонед ва бигӯед,

ва бар замин шох навозед,

ва бо овози баланд хитоб намуда, бигӯед:

„Ҷамъ шавед, то ки ба шаҳрҳои истеҳкомдор паноҳ барем“.

6 Байрақе ба ҷониби Сион барафрозед,

сӯи истеҳкомҳо биравед, таваққуф накунед, зеро ки

Ман мусибате ва таҳлукаи бузурге аз шимол меоварам.

7 Шере аз бешаи худ боло баромадааст,

ва талафкунандаи халқҳо ҳаракат карда,

аз макони худ берун омадааст,

то ки замини туро ба биёбон табдил диҳад,

ва шаҳрҳои ту хароб шуда, ғайримаскун гардад».

8 Бинобар ин палос пӯшида, мотам гиред ва навҳа кунед,

зеро ки оташи ғазаби Худованд аз мо барнагаштааст.

9 «Ва дар он рӯз воқеъ хоҳад шуд, — мегӯяд Худованд, — ки дили подшоҳ ва дили мирон афсурда хоҳад шуд; ва коҳинон маъюс хоҳанд гардид, ва анбиё дар ҳайрат хоҳанд афтод».

10 Ва гуфтам: «Ё Худоё Худовандо! Дар асл Ту ин қавм ва Ерусалимро фирефта карда, гуфтаӣ: „Шуморо осоиштагӣ хоҳад буд“, ва ҳол он ки шамшер ба ҷон расидааст».

11 Дар он замон ба ин қавм ва ба Ерусалим гуфта хоҳад шуд: «Боди самум аз теппаҳои биёбон бар роҳи духтари қавми Ман мевазад, на барои бод додани хирман ва на барои тоза кардани он.

12 Боди шадиде аз он ҷо барои Ман хоҳад омад; акнун Ман низ бар онҳо довариҳо эълон хоҳам кард».

13 Инак, вай мисли абрҳо боло мебарояд,

ва аробаҳояш мисли тундбод аст,

ва аспонаш аз уқобон чобуктаранд;

вой бар мо, зеро ки гирифтори тороҷ хоҳем шуд!

14 Дили худро аз шарорат шустушӯй намо, эй Ерусалим, то ки наҷот ёбӣ;

то ба кай фикру хаёлҳои бади ту андаруни ту сокин бошад?

15 Зеро овозе аз ҷониби Дон,

ва хабари мусибат аз кӯҳи Эфроим меояд:

16 «Ба халқҳо хотиррасон намоед,

ба Ерусалим хабар диҳед,

ки аз кишвари дурдаст муҳосиракунандагон меоянд,

ва шаҳрҳои Яҳудоро бо овози худ пур мекунанд.

17 Онҳо мисли посбонони киштзор варо иҳота менамоянд,

зеро ки вай Маро ба хашм овардааст, — мегӯяд Худованд.

18 Роҳи ту ва аъмоли ту ин чизҳоро бар ту овардааст;

ин бадии туст, ки сабаби талхкомии ту гардида,

то ба дили ту расидааст».

19 Амъои ман, амъои ман! Маро ларза гирифатаст!

Пардаҳои дили ман!

Дили ман андаруни ман ба ҳаяҷон омадааст, наметавонам хомӯш монам;

зеро ки ту, эй ҷони ман,

овози шох ва нидоҳои ҷангро шунидаӣ.

20 Таҳлука бар таҳлука рӯй дода,

тамоми замин валангор шудааст;

хаймаҳои ман ногаҳон гирифтори тороҷ гардида,

чодарҳои ман дар як он барбод рафтааст.

21 То ба кай ман байрақро бубинам

ва овози шохро бишнавам?

22 «Зеро ки қавми Ман беақланд, Маро намешиносанд;

онҳо писарони ҷоҳиланд ва фаҳме надоранд;

ба бадӣ кардан ақлашон мерасад,

вале кардани кори нек аз дасташон намеояд».

23 Ба замин нигоҳ кардам, ва инак, дар ҳолати ҳарҷумарҷ аст;

ва сӯи осмон нигаристам, ва ҳеҷ нур надошт;

24 Ба кӯҳҳо нигоҳ кардам, ва инак, онҳо меларзанд,

ва ҳамаи теппаҳо ба ҷунбиш омадаанд.

25 Нигоҳ кардам, ва инак, касе нест,

ва ҳамаи мурғони осмон парида рафтаанд.

26 Нигоҳ кардам, ва инак, боғистон ба биёбон мубаддал шудааст,

ва ҳамаи шаҳрҳои он аз ҳузури Худованд,

аз оташи ғазаби Ӯ хароб шудааст.

27 Зеро ки Худованд чунин мегӯяд:

«Тамоми замин валангор хоҳад шуд,

вале онро комилан несту нобуд нахоҳам кард.

28 Замин дар ин хусус мотам хоҳад гирифт,

ва осмон аз боло тира хоҳад шуд,

зеро ки Ман инро гуфтам ва азм намудам,

ва пушаймон нахоҳам шуд, ва аз ин азм нахоҳам гашт».

29 Аз ғулғулаи саворон ва тирандозон тамоми аҳли шаҳрҳо мегурезанд:

ба ҷангалҳои анбӯҳ дохил мешаванд ва бар кӯҳпораҳо мебароянд;

ҳамаи шаҳрҳо тарк карда мешаванд,

ва касе дар онҳо боқӣ намемонад.

30 Ва ту, эй тороҷшуда, чӣ хоҳӣ кард?

Агарчи либоси қирмизӣ мепӯшӣ,

агарчи худро бо зеварҳои тилло оро медиҳӣ,

агарчи ба чашмони худ сурма мекашӣ,

лекин бар абас худро зинат медиҳӣ:

хушдоронат аз ту нафрат пайдо кардаанд,

ва қасди ҷони ту доранд.

31 Зеро овозе ба гӯшам мерасад,

мисли фарьёди зане ки дарди зоиш дорад

ва ҳамчун зани навзой азоб мекашад,

яъне овози духтари Сион, ки базӯр нафас гирифта

ва дастҳои худро дароз карда, фиғон мекашад:

«Эй вой бар ман, ки ҷонам аз дасти қотилон бемаҷол шудааст!»

5

БОБИ ПАНҶУМ

Ирмиё гуноҳҳои қавмро фош намуда,

доварии Худоро пешгӯӣ мекунад.

1 «Дар кӯчаҳои Ерусалим гардиш кунед,

ва бубинед, ва бифаҳмед, ва дар майдонҳояш биҷӯед,

ки оё касеро, ки аз рӯи инсоф амал кунад

ва толиби ростӣ бошад,

метавонед ёфт, то ки Ман онро биомурзам?

2 Ва агарчи онҳо „ба ҳаёти Худованд!“ мегӯянд,

лекин қасамашон бардурӯғ аст».

3 Худовандо! Чашмони Ту, охир, сӯи ростӣ нигаронида шудааст.

Онҳоро зарба задӣ, вале дардро ҳис накарданд;

онҳоро талаф намудӣ, панд гирифтан нахостанд;

рӯйҳои худро аз сахра сахттар гардондаанд, намехоҳанд руҷӯъ намоянд.

4 Ва ман гуфтам: «Инҳо, охир, мардуми бенавоянд, гирифтори ҷаҳолатанд,

чунки роҳи Худовандро, аҳкоми Худои худро намедонанд».

5 Пас, ман назди акобир рафта, бо онҳо гуфтугӯ мекунам,

зеро ки онҳо роҳи Худовандро, аҳкоми Худои худро медонанд,

аммо онҳо саросар юғро шикаста, бандҳоро баркандаанд.

6 Бинобар ин шере аз ҷангал онҳоро талаф хоҳад намуд,

гурги биёбон онҳоро тороҷ хоҳад кард,

паланг назди шаҳрҳои онҳо камин хоҳад гирифт:

ҳар кӣ аз онҳо берун равад, дарида хоҳад шуд;

зеро ки гуноҳҳои онҳо афзун шуда,

муртадиҳои онҳо пурзӯр гардидааст.

7 «Чӣ гуна Ман туро барои ин аъмоли бад биомурзам?

Писарони ту Маро тарк карданд

ва ба чизҳое ки худо нестанд, қасам мехӯранд;

ва онҳоро сер кардам,

вале онҳо ба зинокорӣ дода шуданд,

ва гурӯҳ‐гурӯҳ ба хонаҳои фоҳишагон даромаданд.

8 Онҳо мисли аспони охурӣ аз шаҳват маст шуданд:

ҳар яке аз онҳо барои зани ёри худ шеҳа мезанад.

9 Оё барои чунин аъмол ҷазо нахоҳам дод? — мегӯяд Худованд. —

Ва оё ҷони Ман аз чунин халқ интиқом нахоҳад гирифт?

10 Бар деворҳои токзори он баромада, онҳоро хароб намоед,

вале комилан несту нобуд накунед;

шохаҳояшро барканед, чунки онҳо аз они Худованд нестанд;

11 Зеро ки хонадони Исроил ва хонадони Яҳудо

дар ҳаққи Ман бисьёр хиёнат карданд, —

мегӯяд Худованд.

12 Онҳо Худовандро инкор карда, гуфтанд:

„Ӯ нест, ва мусибате бар мо нахоҳад омад,

ва мо шамшер ва қаҳтиро нахоҳем дид;

13 Ва анбиё барбод хоҳанд рафт,

ва калом дар онҳо нест;

бигзор ин бар худашон воқеъ шавад!“»

14 Бинобар ин Худованд Худои лашкарҳо чунин мегӯяд:

«Барои он ки шумо чунин сухан гуфтед,

инак Ман суханони Худро дар даҳони ту ба оташ,

ва ин қавмро ба ҳезум табдил хоҳам дод,

ва онҳоро вай хоҳад хӯрд.

15 Инак, Ман бар шумо, эй хонадони Исроил, халқеро

аз дурдаст хоҳам овард, — мегӯяд Худованд, —

ки халқи зӯроваранд, халқи қадиманд,

халқе ки забонашонро намедонӣ,

ва гуфторашонро нахоҳӣ фаҳмид.

16 Тиркаши онҳо мисли қабри кушода мебошад;

ҳамаашон ҷанговарони ҷасуранд.

17 Ва онҳо ҳосилоти ту ва нони туро хоҳанд хӯрд,

писарон ва духтарони туро хоҳанд хӯрд,

бузу гӯсфандон ва говони туро хоҳанд хӯрд,

ангури ту ва анҷири туро хоҳанд хӯрд;

шаҳрҳои истеҳкомдори туро, ки ба онҳо таваккал менамоӣ,

бо шамшер валангор хоҳанд кард».

18 «Вале дар ҳамон рӯзҳо низ, — мегӯяд Худованд, — шуморо комилан несту нобуд нахоҳам кард.

19 Ва агар шумо бигӯед: „Аз барои чӣ Худованд Худои мо ҳамаи ин балоҳоро бар мо овардааст?“ — ба онҳо бигӯй: „Чунон ки шумо Маро тарк намудед ва ба худоёни бегона дар замини худ хизмат кардед, ончунон ба бегонаҳо дар замине ки аз они шумо набошад, хизмат хоҳед кард“.

20 Инро дар хонадони Яъқуб эълон карда

ва дар Яҳудо хабар дода, бигӯед:

21 Инро бишнавед, эй қавми нодон ва бефаҳм,

ки чашм доред, вале намебинед,

гӯш доред, вале намешунавед!

22 Оё аз Ман наметарсед? — мегӯяд Худованд.

— Оё аз ҳузури Ман ба ларза намеоед?

Ман, охир, регро ҳудуди баҳр,

қонуни ҷовидоние барояш қарор додаам,

ки аз он намегузарад;

ва мавҷҳояш талотум менамояд, вале ғолиб намешавад,

ва ҳарчанд ба ғалаён меояд, наметавонад аз он бигзарад.

23 Валекин ин қавм дили беитоат ва исьёнкор доранд;

онҳо муртад шуданду рафтанд

24 Ва дар дили худ нагуфтанд:

„Аз Худованд Худои худ битарсем,

ки Ӯ борони аввал ва охирро дар сари вақт меборонад,

ҳафтаҳои барои дарав таъиншударо барои мо нигоҳ медорад“.

25 Гуноҳҳои шумо инро ақиб андохтааст,

ва хатоҳои шумо некиро аз шумо дур кардааст.

26 Зеро дар миёни қавми Ман шарирон пайдо шудаанд,

ки мисли сайёдон камин гирифта,

дом мегузоранд ва одамонро сайд мекунанд.

27 Чунон ки қафас пур аз паррандагон аст,

ончунон хонаҳои онҳо пур аз фиреб аст;

бинобар ин онҳо бузург ва сарватдор шудаанд.

28 Фарбеҳ ва сергӯшт шудаанд, дар бадкорӣ аз ҳад гузаштаанд,

даъвоҳоро, алалхусус даъвои ятимонро намесанҷанд,

то ки онҳо комьёб шаванд,

ва бенавоёнро аз рӯи инсоф доварӣ намекунанд.

29 Оё барои чунин аъмол ҷазо нахоҳам дод? — мегӯяд Худованд. —

Ва оё ҷони Ман аз чунин халқ интиқом нахоҳад гирифт?»

30 Чизи даҳшатангез ва зишт

дар ин замин ба вуқӯъ меояд:

31 Анбиё бардурӯғ нубувват менамоянд,

ва коҳинон бо ёрии онҳо ҳукмронӣ мекунанд,

ва қавми Ман инро дӯст медоранд.

Ва шумо дар охири ин чӣ хоҳед кард?

6

БОБИ ШАШУМ

Давоми он.

1 Эй банӣ‐Биньёмин! Аз даруни Ерусалим бигрезед,

ва дар Тақӯо шох навозед,

ва бар Байт‐Ҳакерем аломате бо оташ баланд кунед,

зеро ки мусибате аз ҷониби шимол

ва таҳлукаи бузурге падид меояд.

2 Ман духтари Сионро, ки ҷамил ва латиф мепиндоштам, нобуд хоҳам кард.

3 Чӯпонон бо рамаҳои худ назди вай хоҳанд омад,

гирдогирди вай хаймаҳо хоҳанд барафрошт,

ҳар яке дар қитъаи худ хоҳанд чаронид.

4 «Барои ҷанг ба муқобили вай омода шавед!» —

«Бархезед, то ки дар нимирӯзӣ бароем!» —

«Вой бар мо, ки рӯз ба охир расида, сояҳои шом дароз мешавад!»

5 «Бархезед, то ки шабона баромада,

қасрҳояшро несту нобуд кунем!»

6 Зеро ки Худованди лашкарҳо чунин мегӯяд:

«Дарахтонро бурида, хокрезе бар зидди Ерусалим барпо кунед:

ин шаҳр бояд ба ҷазо гирифтор шавад,

чунки саросар пур аз зулм аст.

7 Чунон ки чашма обҳояшро беист ҷорӣ менамояд,

ончунон вай шарорати худро торафт меафзояд:

ситам ва тороҷ андаруни вай шунида мешавад,

ҷароҳат ва шаллоқ ҳамеша пеши назари Ман аст.

8 Ба ақл ой, эй Ерусалим,

мабодо ҷони Ман аз ту дур шавад,

мабодо туро биёбоне, замини ғайримаскуне гардонам».

9 Худованди лашкарҳо чунин мегӯяд:

«Бақияи Исроилро мисли шингилҳои боқимондаи ток хоҳанд чид:

дасти худро мисли ангурчин ба шингилҳо дароз кун».

10 Ба киҳо сухан гӯям

ва киҳоро таъкид намоям, то ки бишнаванд?

Инак, гӯши онҳо номахтун аст,

ва наметавонанд бишнаванд;

инак, каломи Худованд барои онҳо нангин гардидааст,

ва онро толиб нестанд.

11 Ва ман аз ғазаби Худованд пур шудаам,

ва аз нигоҳ доштани он лакот гардидаам.

«Пас, онро дар кӯча бар кӯдакон

ва бар маҷлиси ҷавонон якбора бирез;

мард бо зан низ гирифтор хоҳанд шуд,

ва мӯйсафед бо шахси солхӯрда.

12 Ва хонаҳои онҳо, бо якҷоягии киштзорҳо ва занонашон,

насиби дигарон хоҳанд шуд,

чунки Ман дасти Худро ба муқобили сокинони ин замин дароз хоҳам кард», — мегӯяд Худованд.

13 «Зеро ки ҳамаи онҳо, аз хурд то калон,

ба тамаъкорӣ дода шудаанд,

ва аз набӣ гирифта то коҳин,

саросар козибона рафтор мекунанд.

14 Ва марази духтари қавми Маро сабукфикрона шифо дода,

„Осоиштагӣ! Осоиштагӣ!“ мегӯянд,

вале осоиштагӣ нест.

15 Оё онҳо шарм медоранд,

вақте ки корҳои зишт мекунанд?

Не, шарм ҳам надоранд, аз ҳаё ҳам бехабаранд;

бинобар ин дар миёни афтодагон хоҳанд афтод,

ва дар рӯзе ки онҳоро доварӣ намоям,

пешпо хоҳанд хӯрд», — мегӯяд Худованд.

16 Худованд чунин мегӯяд:

«Дар роҳҳо биистед ва назар андозед,

ва дар бораи тариқҳои қадимӣ бипурсед,

ки роҳи нек кадом аст,

ва бо он биравед,

ва барои ҷони худ оромӣ хоҳед ёфт.

Вале онҳо гуфтанд: „Нахоҳем рафт“.

17 Ва Ман бар шумо посбононро гузоштам:

„Ба садои шох гӯш диҳед!“

Вале онҳо гуфтанд: „Гӯш нахоҳем дод“.

18 Бинобар ин, эй халқҳо, бишнавед,

ва эй ҷамоат, бидонед, ки чиҳо ба онҳо рӯй хоҳад дод.

19 Бишнав, эй замин! Инак, Ман мусибате бар ин қавм меоварам,

ки самари афкори онҳост;

зеро ки онҳо ба суханони Ман гӯш надоданд,

ва шариати Маро рад карданд.

20 Лебӯное ки аз Шабо, ва наи атрогине ки аз кишвари дурдаст оварда мешавад,

ба Ман чӣ лозим аст?

Қурбониҳои сӯхтании шумо табъи дил нест,

ва забҳҳои шумо ба Ман хуш намеояд.

21 Бинобар ин Худованд чунин мегӯяд:

„Инак, Ман пеши ин қавм монеаҳо мегузорам,

ва падарону писарон якҷоя,

ҳамсоя ва ёри вай пешпо хӯрда, талаф хоҳанд шуд“».

22 Худованд чунин мегӯяд:

«Инак, қавме аз замини шимол меоянд,

ва халқи бузурге аз ақсои замин бармехезанд.

23 Онҳо камон ва мизроқ дар дасташон доранд;

сангдил ҳастанд ва раҳм намекунанд;

овозашон мисли баҳр мехурӯшад,

ва бар аспон савор мешаванд;

чун як тан барои ҷанг ба зидди ту,

эй духтари Сион, саф бастаанд».

24 Овозаи варо шунидем, ва дастҳои мо суст шуд:

азоб ва дард моро, мисли зане ки мезояд,

дар бар гирифт.

25 Ба саҳро набароед, ва дар роҳ равона нашавед,

зеро ки шамшери душман ва даҳшат

аз ҳар тараф аст.

26 Эй духтари қавми ман!

Палос бипӯш ва хокистар бар худ бипош;

мисли зане ки писари ягонааш мурда бошад,

мотам бигир ва зор‐зор гирья бикун,

зеро ки тороҷгар ногаҳон бар мо меояд.

27 «Туро дар миёни қавми Худ имтиҳонкунанда

ва заршинос қарор додаам,

то ки роҳи онҳоро бидонӣ ва имтиҳон намоӣ.

28 Ҳамаашон муртадҳои гузаро ҳастанд,

ва бӯҳтон зада мегарданд;

онҳо мис ва оҳан мебошанд,

ва ҳамаашон фасодпешаанд.

29 Дами заргарӣ нимсӯхта шуд; сурб дар оташ фано шуд;

заргар бар абас гудохт, чунки шарирон ҷудо нашуданд.

30 Онҳоро нуқраи мардуд меноманд,

зеро ки Худованд онҳоро рад намудааст».

7

БОБИ ҲАФТУМ

Калом назди дарвозаи хонаи Худованд.

1 Каломе ки аз ҷониби Худованд бар Ирмиё нозил шуда, гуфт:

2 «Назди дарвозаи хонаи Худованд биист ва дар он ҷо ин каломро эълон намуда, бигӯй: эй ҳамаи яҳудиёне ки ба ин дарвоза дохил мешавед, то ки ба Худованд саҷда намоед, каломи Худовандро бишнавед!

3 Худованди лашкарҳо, Худои Исроил чунин мегӯяд: роҳҳои худ ва аъмоли худро ислоҳ намоед, ва Ман шуморо дар ин макон сокин хоҳам гардонид.

4 Ба суханони дурӯғи онҳое ки „ин маъбади Худованд, маъбади Худованд, маъбади Худованд“ мегӯянд, таваккал накунед,

5 Балки агар роҳҳои худ ва аъмоли худро ҳақиқатан ислоҳ намоед, агар дар миёни касе ва ёри вай инсофро дуруст ба амал оваред,

6 Ғариб, ятим ва бевазанро ба танг наоваред, ва хуни бегуноҳеро дар ин макон нарезед, ва худоёни бегонаро ба зарари худ пайравӣ накунед, —

7 Он гоҳ шуморо дар ин макон, дар замине ки ба падаронатон аз азал то абад бахшидаам, сокин хоҳам гардонид.

8 Инак, шумо ба суханони дурӯғе ки манфиате намебахшад, таваккал мекунед.

9 Оё равост, ки шумо ба дуздӣ, қатл ва зино машғулед, ва қасами дурӯғ мехӯред, ва барои Баал бухур месӯзонед, ва худоёни дигарро, ки намешинохтед, пайравӣ менамоед,

10 Баъд аз ин омада, ба ҳузури Ман дар ин хонае ки ба исми Ман номида шудааст, биистед ва бигӯед: „Мо наҷот ёфтем!“, то ки ҳамаи ин корҳои зиштро боз ба амал оваред?

11 Оё ин хонае ки ба исми Ман номида шудааст, дар назари шумо ба дуздхона табдил ёфтааст? Инак, Ман низ инро дидаам, — мегӯяд Худованд.

12 Пас, ба макони Ман, ки дар Шилӯ буд, ва исми Худро аввал дар он ҷо сокин гардонида будам, биравед ва он чиро, ки ба сабаби шарорати қавми Ман — Исроил ба он кардаам, бубинед.

13 Ва алҳол, аз барои он ки шумо тамоми ин аъмолро ба ҷо овардед, — мегӯяд Худованд, — ва Ман ҳар рӯз аз субҳидам ба шумо сухан рондам, вале гӯш накардед, ва шуморо хондам, вале ҷавоб надодед, —

14 Ба ин хонае ки ба исми Ман номида шудааст, ва шумо ба он таваккал менамоед, ва ба маконе ки ба шумо ва падарони шумо бахшидаам, ончунон ки ба Шилӯ амал кардам, амал хоҳам кард.

15 Ва шуморо аз ҳузури Худ хоҳам ронд, ончунон ки ҳамаи бародарони шуморо, тамоми насли Эфроимро рондам.

16 Ва ту барои ин қавм дуо нагӯй, ва барои онҳо овози тазаррӯъ ва истиғоса баланд накун, ва назди Ман шафоат нанамо, зеро ки Ман туро иҷобат нахоҳам кард.

17 Оё ту намебинӣ, ки онҳо дар шаҳрҳои Яҳудо ва дар кӯчаҳои Ерусалим чӣ корҳо мекунанд?

18 Писарон ҳезум ҷамъ меоваранд, ва падарон оташ дармедиҳанд, ва занон хамир мекунанд, то ки санбӯсаҳо барои маликаи осмон бипазанд, ва ҳадияҳои рехтанӣ барои худоёни дигар рехта, Маро хашмгин созанд.

19 Оё онҳо Маро хашмгин месозанд? — мегӯяд Худованд. — Не, балки худашонро, то ки рӯйҳои худро нангин созанд.

20 Бинобар ин Худованд Худо чунин мегӯяд: инак, хашми Ман ва ғазаби Ман бар ин макон, бар одам ва бар ҳайвон, ва бар дарахти саҳро ва бар меваи замин рехта мешавад, ва он хоҳад сӯхт ва хомӯш нахоҳад шуд».

21 Худованди лашкарҳо, Худои Исроил чунин мегӯяд: «Курбониҳои сӯхтании худро бар забҳҳои худ илова намоед ва гӯшт бихӯред;

22 Зеро ки ба падарони шумо, дар рӯзе ки онҳоро аз замини Миср берун овардам, дар бораи қурбониҳои сӯхтанӣ ва забҳҳо сухан нагуфтаам ва амр нафармудаам,

23 Балки ба онҳо чунин амр фармуда, гуфтаам: „Овози Маро бишнавед, ва Ман Худои шумо хоҳам буд, ва шумо қавми Ман хоҳед буд; ва ба ҳар роҳе ки ба шумо амр фармоям, биравед, то ки барои шумо хуб бошад“.

24 Валекин онҳо нашниданд ва гӯши худро хам накарданд, балки бар тибқи машваратҳо ва саркашии дили шарири худ рафтор карданд, ва ба қафо рӯ оварданд, на ин ки ба пеш,

25 Аз ҳамон рӯзе ки падарони шумо аз замини Миср берун омаданд, то худи имрӯз; ва Ман ҳамаи бандагони Худ — анбиёро назди шумо фиристодам, — ҳар рӯз аз субҳидам равона намудам,

26 Вале онҳо Маро нашниданд ва гӯши худро хам накарданд, ва гардани худро сахт карда, аз падарони худ бадтар рафтор карданд.

27 Ту низ ҳамаи ин суханонро ба онҳо бигӯй, гарчанде ки туро нахоҳанд шунид; ва онҳоро бихон, гарчанде ки ба ту ҷавоб нахоҳанд дод.

28 Ва ба онҳо бигӯй: „Инҳо халқе ҳастанд, ки овози Худованд Худои худро намешунаванд ва панд намегиранд; ростӣ барбод рафта, аз даҳонашон нест шудааст.

29 Мӯйсари худро тарошида, бипарто,

ва бар теппаҳо навҳа бизан,

чунки Худованд аз насле ки Ӯро ба ғазаб овард,

нафрат намуда, онро тарк кардааст“.

30 Зеро ки банӣ‐Яҳудо он чиро, ки дар назари Ман бад аст, ба амал оварданд, — мегӯяд Худованд, — ва чизҳои зишти худро дар хонае ки ба исми Ман номида шудааст, гузоштанд, то ки онро палид кунанд;

31 Ва минбарҳои Тӯфетро, ки дар водии Бен‐Ҳиннӯм воқеъ аст, бино карданд, то ки писарон ва духтарони худро дар оташ бисӯзонанд, ки инро Ман амр нафармудаам, ва ин ба хаёлам наомадааст.

32 Бинобар ин, — мегӯяд Худованд, — инак, айёме фаро мерасад, ки он дигар Тӯфет ва водии Бен‐Ҳиннӯм гуфта нахоҳад шуд, балки водии қатл; ва ба сабаби камии ҷой дар Тӯфет дафн хоҳанд кард.

33 Ва ҷасадҳои мурдаи ин қавм хӯроки мурғони осмон ва ҳайвоноти замин хоҳад шуд, ва касе набошад, ки онҳоро гурезонад.

34 Ва Ман аз шаҳрҳои Яҳудо ва аз кӯчаҳои Ерусалим садои шодмонӣ ва садои хурсандӣ, овози домод ва овози арӯсро нест хоҳам кард, зеро ки ин замин биёбон хоҳад шуд».

8

БОБИ ҲАШТУМ

Давоми он.

1 «Дар он замон, — мегӯяд Худованд, — устухонҳои подшоҳони Яҳудо, ва устухонҳои мирони он, ва устухонҳои коҳинон, ва устухонҳои анбиё, ва устухонҳои сокинони Ерусалимро аз қабрҳои онҳо берун хоҳанд овард;

2 Ва он устухонҳоро пеши офтоб ва моҳ ва тамоми лашкари осмон, ки онҳоро дӯст медоштанд, ва ибодат ва пайравӣ ва ҷустуҷӯ намуда, пеши онҳо саҷда мекарданд, паҳн хоҳанд кард; он устухонҳо ҷамъ оварда ва дафн карда нахоҳад шуд, балки мисли ахлоте бар рӯи замин хоҳад буд.

3 Ва тамоми бақияе ки аз ин қабилаи шарир боқӣ мемонад, дар ҳар маконе ки боқӣ монда бошад, ва Ман онҳоро ба он ҷо бадар ронда бошам, мамотро аз ҳаёт афзал хоҳанд донист, — мегӯяд Худованди лашкарҳо.

4 Ва ба онҳо бигӯй: Худованд чунин мегӯяд:

магар меафтанд ва намехезанд?

Магар муртад мешаванд ва руҷӯъ намекунанд?

5 Пас чаро ин қавм, яъне аҳли Ерусалим,

бо муртадии доимӣ муртад шудаанд?

Онҳо ба фиреб маҳкам часпидаанд

ва намехоҳанд руҷӯъ намоянд.

6 Бодиққат гӯш додам, аммо суханони онҳо аз самими қалб нест:

ҳеҷ кас аз шарорати худ пушаймон шуда,

намегӯяд: „Чӣ корест, ки ман кардаам!“ —

балки ҳар яке, мисли аспе ки ба ҷанг медавад,

дартоз ба роҳи худ руҷӯъ менамояд.

7 Лайлак низ дар осмон мӯҳлатҳои худро медонад,

ва қумрӣ ва фароштурук

ва турна замони омадани худро риоя мекунанд,

Вале қавми ман аҳкоми Худовандро намедонанд.

8 Чи гуна шумо метавонед бигӯед:

„Мо хирадманд ҳастем, ва шариати Худованд бо мост“?

Дар ҳақиқат қалами козиби китобдонон онро ба чизи дурӯғе табдил медиҳад.

9 Хирадмандон шармсор ва ошуфтахотир гардида,

ба дом афтоданд;

инак, онҳо аз каломи Худованд нафрат карданд;

пас хирадмандии онҳо аз чӣ иборат аст?

10 Бинобар ин занони онҳоро ба дигарон хоҳам дод,

киштзорҳои онҳоро — ба ворисони ғайр;

зеро ки ҳамаи онҳо, аз хурд то калон, ба тамаъкорӣ дода шудаанд,

аз набӣ гирифта то коҳин, саросар козибона рафтор мекунанд.

11 Ва марази духтари қавми Маро сабукфикрона шифо дода,

„Осоиштагӣ! Осоиштагӣ!“ мегӯянд,

вале осоиштагӣ нест.

12 Оё онҳо шарм медоранд, вақте ки корҳои зишт мекунанд?

Не, шарм ҳам надоранд, аз ҳаё ҳам бехабаранд;

бинобар ин дар миёни афтодагон хоҳанд афтод,

ва дар рӯзе ки онҳоро доварӣ намоям,

пешпо хоҳанд хӯрд — мегӯяд Худованд.

13 Онҳоро комилан талаф хоҳам кард,

— мегӯяд Худованд. —

На ангуре бар ток боқӣ хоҳад монд,

на анҷире бар дарахти анҷир;

ва баргҳо пажмурда хоҳад шуд, ва он чи ба онҳо додаам,

ба дасти дигарон хоҳад гузашт».

14 Пас, мо чаро нишастаем?

Ҷамъ шавед, то ки ба шаҳрҳои истеҳкомдор равем,

ва дар он ҷо талаф шавем;

зеро ки Худованд Худои мо моро гирифтори ҳалокат кардааст,

ва моро оби заҳрдор нӯшонидааст,

чунки пеши Худованд гуноҳ кардаем.

15 Осоиштагиро умедвор шудем, вале некие ҳосил нашуд;

замони шифоро интизор шудем, ва инак, даҳшат фаро расид.

16 «Аз ҷониби Дон фах‐фахи аспони вай шунида мешавад;

аз садои шеҳаи аспони зӯровараш тамоми замин

ба ларза меояд;

ва онҳо омада, замин ва ҳар чиро, ки дар он аст, —

шаҳр ва сокинонашро талаф мекунанд.

17 Зеро, инак, Ман бар шумо морони афъиро мефиристам,

ки онҳоро афсун кардан мумкин нест,

ва онҳо шуморо заҳр хоҳанд зад», — мегӯяд Худованд.

18 Кошки бар андӯҳи худ ғолиб меомадам!

Аммо дилам андаруни ман сӯзиш мекунад.

19 Инак, истиғосаи духтари қавми худро аз кишвари дурдаст мешунавам:

«Магар Худованд дар Сион нест? Магар Подшоҳаш дар он нест?» —

«Чаро онҳо Маро бо бутҳои худ, бо батолатҳои бегона ба ғазаб оварданд?»

20 «Мавсими дарав гузашт, тобистон тамом шуд, вале мо наҷот наёфтаем».

21 Аз шикасти духтари қавми худ шикастадил ҳастам, тирарӯй гардидаам;

даҳшат маро фаро гирифтааст.

22 Оё баласон дар Ҷилъод нест?

Оё табибе дар он ҷо нест?

Пас чаро духтари қавми ман шифо наёфтааст?

9

БОБИ НӮҲУМ

Давоми он.

1 Кошки сари ман чашмаи об мебуд, ва чашмонам — чашмаи ашк!

Рӯзу шаб барои шаҳидони духтари қавми худ мегиристам.

2 Кошки дар биёбон мусофирхонае меёфтам!

Қавми худро тарк карда, аз пешашон мерафтам,

чунки ҳамаашон зинокоранд, анбӯҳи хоинонанд.

3 «Забони худро барои дурӯғ мисли камон зеҳ мекунанд,

ва бар замин на аз барои ростӣ пурзӯр шудаанд,

зеро ки аз як шарорат ба шарорати дигар мегузаранд, вале Маро намешиносанд», — мегӯяд Худованд.

4 Ҳар яке аз ёри худ барҳазар бошед,

ва ба ҳеҷ бародар эътимод накунед,

зеро ки ҳар бародар пойпечак медиҳад,

ва ҳар ёр бӯҳтон зада мегардад.

5 Ва ҳар яке ёри худро фиреб медиҳанд,

ва сухани рост намегӯянд:

забони худро ба дурӯғгӯӣ одат кунондаанд,

то ба дараҷаи хастагӣ каҷравӣ менамоянд.

6 «Маскани ту андаруни макр аст;

аз боиси макр намехоҳанд Маро бишносанд», мегӯяд Худованд.

7 Бинобар ин Худованди лашкарҳо чунин мегӯяд:

«Инак, Ман онҳоро гудохта, имтиҳон хоҳам намуд,

зеро ки нисбат ба духтари қавми Худ

чӣ гуна метавонам амал кунам?

8 Забони онҳо тири қотил аст, бо макр сухан меронад;

бо даҳони худ ба ёри худ суханони сулҳомез мегӯянд,

вале дар дили худ бар вай камин мегиранд.

9 Оё барои чунин аъмол ҷазо нахоҳам дод? — мегӯяд Худованд. —

Ва оё ҷони Ман аз чунин халқ интиқом нахоҳад гирифт?»

10 Барои кӯҳҳо гирья ва нола мекунам,

ва барои чарогоҳҳои биёбон — навҳагарӣ,

зеро онҳо сӯхтааст, ба тавре ки касе аз он ҷо гузар намекунад,

ва садои рамаҳо шунида намешавад:

аз мурғони осмон гирифта то чорпоён пароканда шуда рафтаанд.

11 «Ва Ман Ерусалимро ба сангтӯдаҳо,

ба маъвои шағолон табдил хоҳам дод,

ва шаҳрҳои Яҳудоро биёбони ғайримаскуне хоҳам гардонид».

12 Кист марди хирадманд, ки инро тавонад фаҳм кунад, ва даҳони Худованд ба ӯ сухан гуфта бошад, ва ӯ эзоҳ диҳад, ки чаро замин талаф шуда, мисли биёбоне сӯхтааст, ба тавре ки касе аз он ҷо гузар намекунад?

13 Ва Худованд мегӯяд: «Чунки онҳо шариати Маро, ки дар пешашон гузошта будам, тарк карданд, ва ба овози Ман гӯш надоданд, ва бар тибқи он рафтор накарданд,

14 Балки ба саркашии дили худ пайравӣ намуданд, ва ба Баалҳо низ, чунон ки падаронашон онҳоро таълим додаанд».

15 Бинобар ин Худованди лашкарҳо, Худои Исроил чунин мегӯяд: «Инак, Ман онҳоро, яъне ин қавмро, явшон хоҳам хӯронид, ва онҳоро оби заҳрдор хоҳам нӯшонид.

16 Ва онҳоро дар миёни халқҳое ки онҳо ва падаронашон намешинохтанд, пароканда хоҳам кард, ва шамшерро аз қафои онҳо хоҳам фиристод, то ки онҳоро талаф намоям».

17 Худованди лашкарҳо чунин мегӯяд:

«Диққат диҳед, ва занони навҳагарро бихонед,

то ки биёянд,

ва назди занони хирадманд бифиристед, то ки биёянд;

18 Бигзор онҳо шитоб намуда, барои мо навҳагарӣ кунанд,

то ки аз чашмони мо сиришк резад,

ва аз мижгони мо об ҷорӣ шавад.

19 Зеро ки садои навҳа аз Сион шунида мешавад:

„Чӣ сон мо тороҷ шудаем!

Мо бағоят шармсор гардидаем,

зеро ки заминро тарк кардаем,

ва масканҳои мо фурӯ ғалтидааст“».

20 Пас, эй занон, каломи Худовандро бишнавед,

ва бигзор гӯши шумо каломи даҳони Ӯро бипазирад;

ва шумо ба духтарони худ навҳаро таълим диҳед,

ва ҳар зан ба дугонаи худ — овозандозиро.

21 Зеро ки мамот ба тирезаҳои мо баромада,

ба кӯшкҳои мо дохил шудааст, то ки тифлонро аз кӯчаҳо

ва ҷавононро аз майдонҳо талаф намояд.

22 Бигӯй: «Худованд чунин мегӯяд:

„Ва ҷасадҳои одамон мисли ахлоте

бар рӯи саҳро,

ва мисли бандҳо дар қафои даравгар афтодааст,

ва касе нест, ки онҳоро ҷамъ кунад“».

23 Худованд чунин мегӯяд: «Бигзор хирадманд бо хиради худ наболад, ва зӯровар бо зӯри худ наболад, ва сарватдор бо сарвати худ наболад,

24 Балки каси боланда фақат бо ин биболад, ки Маро фаҳм мекунад ва мешиносад, ки Ман Худованд ҳастам, ки марҳамат, инсоф ва адолатро бар замин ба амал меоварам, зеро фақат ҳамин барои Ман матлуб аст», — мегӯяд Худованд.

25 «Инак, айёме фаро мерасад, — мегӯяд Худованд, — ки Ман ҳамаи онҳоеро, ки дар ҷисм махтун ҳастанд, ҷазо хоҳам дод:

26 Миср ва Яҳудо, ва Адӯм ва банӣ‐Аммӯн ва Мӯоб, ва ҳамаи онҳоеро, ки мӯи чаккаҳошонро метарошанд ва дар биёбон сокинанд; зеро ки ҳамаи ин халқҳо номахтунанд, ва тамоми хонадони Исроил дили номахтун доранд».

10

БОБИ ДАҲУМ

Охири каломи назди дарвоза: Худо бутҳоро несту нобуд карда, қавми Худро ҷазо хоҳад дод.

1 Каломеро, ки Худованд ба шумо, эй хонадони Исроил, мегӯяд, бишнавед.

2 Худованд чунин мегӯяд:

«Роҳи халқҳоро таълим нагиред ва аз аломоти осмон натарсед,

чунон ки халқҳо аз онҳо метарсанд;

3 Зеро ки фароизи қавмон ҳеҷу пуч аст:

дарахте аз ҷангал мебурранд,

ки онро дасти наҷҷор бо тешае метарошад,

4 Бо нуқра ва тилло онро зинат медиҳад,

бо мехҳо ва болға мустаҳкам мекунад,

то ки ноҷунбон бошад.

5 Онҳо мисли хӯсае дар полиз мебошанд,

ва наметавонанд сухан ронанд;

онҳоро бардошта бурдан лозим аст,

чунки наметавонанд қадам зананд.

Аз онҳо натарсед,

зеро ки наметавонанд осебе расонанд,

валекин некӣ кардан ҳам аз дасташон намеояд».

6 Монанди Ту, эй Худованд, нест!

Ту бузург ҳастӣ, ва исми Ту дар қудрат бузург аст.

7 Кист, ки аз Ту, эй Подшоҳи халқҳо, натарсад?

Зеро ки Ту сазовори ин ҳастӣ;

чунки дар миёни ҳамаи хирадмандони халқҳо

ва дар тамоми мамоликашон монанди Ту нест.

8 Онҳо аз як сар ҷоҳил ва беақл мебошанд;

таълимоташон ҳеҷу пуч аст: аз ғӯлачӯб иборат аст.

9 Нуқраи тахтагӣ аз Таршиш оварда шудааст, ва тилло — аз Уфоз;

маснӯи наҷҷор ва амали дасти заргар аст;

матои лоҷвард ва арғувон либоси онҳост;

ҳамаи онҳо маснӯоти ҳунармандон аст.

10 Вале Худованд Худои ростист;

Ӯ Худои Ҳай ва Подшоҳи ҷовидонист;

аз ғазаби Ӯ замин ба ларза меояд,

ва халқҳо ба каҳри Ӯ наметавонанд тоб оваранд.

11 Ба онҳо чунин бигӯед: худоёне ки осмон ва заминро наофаридаанд,

аз рӯи замин ва аз зери осмон

нест хоҳанд шуд.

12 Ӯ заминро бо қуввати Худ офарид,

дуньёро бо ҳикмати Худ барқарор намуд,

ва осмонро бо хиради Худ густаронид.

13 Ҳамин ки Ӯ овоз диҳад, обҳо дар осмон ғулғула меандозад,

ва Ӯ абрҳоро аз ақсои замин боло мебардорад,

барқҳоро барои борон ба вуҷуд меоварад,

ва бодро аз махзанҳои Худ берун меоварад.

14 Ҳар одам аз ақл бегона,

ва ҳар заргар аз санаме ки сохтааст,

шармсор хоҳад шуд,

зеро ки бутҳои вай чизи дурӯғ аст,

ва ҳеҷ нафасе дар онҳо нест.

15 Онҳо ҳеҷу пуч аст, амали фиребгарист;

чун ба доварӣ дучор оянд, нест хоҳанд шуд.

16 Ӯ, ки насибаи Яъқуб аст, мисли онҳо нест,

зеро ки Ӯ Офаринандаи тамоми мавҷудот аст,

ва Исроил сибти мероси Ӯст;

исми Ӯ Худованди лашкарҳост.

17 Эй, ки дар муҳосира нишастаӣ,

бору буди худро аз замин бардор,

18 Зеро ки Худованд чунин мегӯяд:

«Инак, Ман ҳамин дафъа сокинони ин заминро

дур хоҳам андохт,

ва онҳоро ба танг хоҳам овард, то ки фаҳм кунанд».

19 Вой бар ман дар ин шикасти ман!

Ҷароҳати ман сахт аст; вале ман гумон карда будам,

ки ин фақат нотобист, ва ман онро паси сар хоҳам кард.

20 Хаймаи ман хароб гардид, ва ҳамаи танобҳоям канда шуд;

писаронам аз пеши ман рафтанд, ва онҳо нестанд:

дигар касе нест, ки хаймаи маро бигустаронад

ва пардаҳои маро биовезад;

21 Зеро ки чӯпонон аз ақл бегона шуданд,

ва Худовандро ҷустуҷӯ накарданд,

бинобар ин муваффақият наёфтанд,

ва тамоми рамаи онҳо пароканда шуд.

22 Инак, овозае ба гӯш мерасад,

ва ғулғулаи азиме аз кишвари шимолӣ,

то ки шаҳрҳои Яҳудоро ба биёбон,

ба маъвои шағолон мубаддал намояд.

23 Ман, эй Худованд, медонам, ки роҳи одам

дар ихтиёри вай нест,

ва касе ки роҳ меравад, қадамҳои худро наметавонад ҳидоят намояд.

24 Маро, эй Худованд, ҷазо бидеҳ, аммо аз рӯи инсоф,

на аз рӯи ғазаби Худ: мабодо маро кам кунӣ.

25 Ғазаби Худро бар халқҳое бирез, ки Туро намешиносанд,

ва бар қабилаҳое ки исми Туро намехонанд;

зеро ки онҳо Яъқубро хӯрдаанд, ва ӯро хӯрда,

талаф намудаанд,

ва манзили ӯро хароб кардаанд.

11

БОБИ ЁЗДАҲУМ

Мазаммат намудан қавмро барои беимонӣ.

Ҳаёти Ирмиё дар хатар.

1 Каломе ки бар Ирмиё аз ҷониби Худованд нозил шуда, гуфт:

2 «Суханони ин аҳдро бишнавед ва ба мардони Яҳудо ва сокинони Ерусалим бигӯед.

3 Ва ба онҳо бигӯй: Худованд, Худои Исроил чунин мегӯяд: малъун бод касе ки суханони ин аҳдро нашнавад,

4 Ки онро ба падарони шумо дар рӯзе ки онҳоро аз замини Миср, аз кӯраи оҳан берун овардам, амр фармуда, гуфтам: овози Маро бишнавед ва ҳар он чиро, ки ба шумо амр фармоям, ба ҷо оваред, — ва шумо қавми Ман хоҳед буд, ва Ман Худои шумо хоҳам буд,

5 То қасамеро, ки ба падарони шумо хӯрдаам, ба ҷо оварам, яъне заминеро, ки шир ва асал дар он ҷорист, чунон ки имрӯз аст, ба онҳо бидиҳам». Ва ман дар ҷавоб гуфтам: «Омин, эй Худованд».

6 Ва Худованд ба ман гуфт: «Ҳамаи ин суханонро дар шаҳрҳои Яҳудо ва дар кӯчаҳои Ерусалим эълон намо ва бигӯй: суханони ин аҳдро бишнавед ва онҳоро ба ҷо оваред.

7 Зеро ки Ман падарони шуморо, аз рӯзе ки онҳоро аз Миср берун овардам, то имрӯз сахт таъкид намудам; ҳар рӯз аз субҳидам онҳоро таъкид намуда, гуфтам: овози Маро бишнавед.

8 Валекин онҳо нашниданд ва гӯши худро хам накарданд, балки ҳар яке бар тибқи саркашии дили шарири худ рафтор карданд; ва Ман ҳамаи суханони ин аҳдро бар онҳо овардам, ки иҷро кардани онро Ман ба онҳо амр фармуда будам, вале онҳо иҷро накарданд».

9 Ва Худованд ба ман гуфт: «Суиқасде дар миёни мардуми Яҳудо ва сокинони Ерусалим вуҷуд дорад:

10 Онҳо ба гуноҳҳои аҷдоди худ, ки аз шунидани суханони Ман рӯ тофта буданд, баргаштанд, ва онҳо худоёни дигарро пайравӣ карданд, то ки ба онҳо ибодат намоянд. Хонадони Исроил ва хонадони Яҳудо аҳди Маро, ки бо падаронашон баста будам, поймол карданд.

11 Бинобар ин Худованд чунин мегӯяд: инак, Ман мусибате бар онҳо хоҳам овард, ки аз он натавонанд раҳо шаванд, ва сӯи Ман истиғоса хоҳанд бурд, вале Ман онҳоро иҷобат нахоҳам кард.

12 Ва он гоҳ шаҳрҳои Яҳудо ва сокинони Ерусалим рафта, ба худоёне ки барояшон бухур месӯзонанд, истиғоса хоҳанд бурд, вале он худоён онҳоро дар вақти мусибаташон ба ҳеҷ ваҷҳ наҷот нахоҳанд дод.

13 Зеро ки худоёни ту, эй Яҳудо, баробари шумораи шаҳрҳои ту ҳастанд; ва баробари шумораи кӯчаҳои Ерусалим шумо барои қабоҳат қурбонгоҳҳо барпо кардаед, яъне қурбонгоҳҳо аз баҳри сӯзонидани бухур барои Баал.

14 Ва ту барои ин қавм дуо нагӯй, ва барои онҳо овози тазаррӯъ ва истиғоса баланд накун, зеро вақте ки онҳо ба сабаби мусибати худ сӯи Ман бихонанд, иҷобат нахоҳам кард.

15 Маҳбуби Маро дар хонаи Ман чӣ кор аст,

дар сурате ки ӯ бисьёр корҳои бад кардааст?

Ва оё гӯшти муқаддас метавонад гуноҳҳоятро аз ту дур кунад,

ки дар вақти бадкирдории худ ин қадар ваҷд менамоӣ?

16 Худованд туро зайтуни сарсабзи хушсамар ва хушманзар номидааст,

ва алҳол Ӯ бо садои ғулғулаи азиме бар вай оташ зад, ва шохаҳои он шикаст.

17 Ва Худованди лашкарҳо, ки ниҳоли туро шинондааст, мусибате бар ту фармуд, аз боиси бадие ки хонадони Исроил ва хонадони Яҳудо ба муқобили худашон карданд, яъне барои Баал бухур сӯзонида, Маро ба ғазаб оварданд».

18 Ва Худованд ба ман маълум кард, ва ман донистам:

он гоҳ Ту аъмоли онҳоро ба ман нишон додӣ.

19 Ва ман мисли барраи дастомӯзе будам, ки онро ба забҳ мебаранд;

ва намедонистам, ки бар зидди ман ниятҳои баде доранд:

«Дарахтро бо меваи он талаф намоем,

ва аз арсаи ҳаёт онро барканем, то ки номаш дигар зикр наёбад».

20 Вале Ту, эй Худованди лашкарҳо, ки довари одил ҳастӣ,

ва ботину дилро меозмоӣ, чунин бикун,

ки аз онҳо интиқом гирифтанатро бубинам,

зеро ки даъвои худро пеши Ту зоҳир намудаам.

21 Бинобар ин Худованд чунин мегӯяд дар ҳаққи мардуми Анотӯт, ки қасди ҷони ту дошта, мегӯянд: «Ба исми Худованд нубувват накун, то ки аз дасти мо намирӣ».

22 Бинобар ин Худованди лашкарҳо чунин мегӯяд: «Инак, онҳоро ҷазо хоҳам дод: ҷавононашон ба дами шамшер хоҳанд мурд, писаронашон ва духтаронашон аз қаҳтӣ хоҳанд мурд.

23 Ва бақияе аз онҳо нахоҳад монд, зеро ки Ман бар мардуми Анотӯт дар соли ҷазои онҳо мусибате хоҳам овард».

12

БОБИ ДУВОЗДАҲУМ

Фош кардани гуноҳҳои қавм.

1 Ту, эй Худованд, одил хоҳӣ баромад,

агар ман бо Ту мубоҳиса намоям,

аммо бо Ту дар бораи доварӣ сухан хоҳам ронд:

чаро роҳи шарирон муваффақиятнок аст,

ва ҳамаи хоинон некрӯзанд?

2 Ту ниҳоли онҳоро шинондаӣ, ва онҳо реша давондаанд,

ва нашъунамо ёфта, мева ҳам додаанд;

Ту ба даҳони онҳо наздик ҳастӣ, валекин аз ботинашон — дур.

3 Ва Ту, эй Худованд, маро медонӣ,

ва маро дидаӣ, ва дили маро нисбат ба Худат имтиҳон намудаӣ.

Пас онҳоро мисли гӯсфандон барои забҳ берун овар,

ва онҳоро барои рӯзи қатл таъин намо.

4 То ба кай замин мотам хоҳад гирифт,

ва алафи ҳамаи саҳроҳо хушк хоҳад шуд?

Чорпоён ва мурғон аз боиси шарорати сокинони он талаф мешаванд,

зеро ки он шахсон мегӯянд: «Ӯ ояндаи моро нахоҳад дид».

5 «Агар ту бо пиёдагардон давида, хаста шуда бошӣ,

чӣ гуна бо аспсаворон мусобиқа хоҳӣ кард?

Ва агар дар сарзамини осоишта ту ба ҳарос афтода бошӣ,

дар ҷангалистони анбӯҳи Урдун чӣ гуна рафтор хоҳӣ кард?

6 Зеро ки ҳатто бародаронат ва хонадони падарат,

ҳатто онҳо ба ту хиёнат менамоянд,

ҳатто онҳо аз қафоят бо овози баланд хитоб мекунанд;

ба онҳо, вақте ки ба ту суханони нек гӯянд, бовар накун».

7 «Хонаи Худро тарк кардам; мероси Худро партофтам;

ҷононаи Худро ба дасти душманонаш супурдам.

8 Мероси Ман барои Ман мисли шери ҷангал шуд:

овозашро ба Ман баланд кард, бинобар ин аз вай нафрат намудам.

9 Оё мероси Ман бози рангин аст,

ки бозони дигар аз ҳар тараф ба он ҳамла карданд?

Рафта, тамоми ҳайвоноти саҳроро ҷамъ кунед,

ва омада, гӯшти онро бихӯред.

10 Чӯпонони бисьёр токзори Маро хароб карданд,

қитъаи Маро поймол сохтанд;

қитъаи маҳбуби Маро ба биёбони вайронае табдил доданд.

11 Онро вайрона карданд,

ва он вайрона шуда, пеши Ман мотам гирифтааст;

тамоми замин вайрона шудааст,

зеро касе нест, ки инро дар дили худ роҳ диҳад.

12 Ба ҳамаи теппаҳои биёбон тороҷгарон омаданд,

чунки шамшери Худованд аз як канори замин

то канори дигари замин талаф менамояд:

барои ҳеҷ башаре осоиштагӣ нест.

13 Гандум коштанд, вале хор даравиданд;

заҳмат кашида, манфиате надиданд;

ва шумо аз маҳсулоти худ, ба сабаби оташи хашми Худованд, хиҷил гардед».

14 Худованд дар бораи ҳамаи ҳамсоягони шарири Худ, ки таҷовуз менамоянд ба мулке ки Ӯ ба қавми Худ — Исроил мерос додааст, чунин мегӯяд: «Инак, Ман онҳоро аз заминашон хоҳам барканд, ва хонадони Яҳудоро аз миёни онҳо хоҳам барканд.

15 Ва баъд аз он ки онҳоро барканам, Ман руҷӯъ намуда, ба онҳо раҳм хоҳам кард, ва ҳар якеро ба мулки вай, ва ҳар якеро ба замини вай хоҳам баргардонид.

16 Ва агар онҳо роҳҳои қавми Маро ба хубӣ таълим гирифта, ба исми Ман, яъне „ба ҳаёти Худованд“ гӯён қасам ёд кунанд, — чунон ки онҳо ба қавми Ман таълим дода буданд, ки ба Баал қасам ёд кунанд, — дар он сурат онҳо дар миёни қавми Ман ҷойгир хоҳанд шуд.

17 Вале агар нашнаванд, он гоҳ чунин халқро барканда, талаф хоҳам намуд», — мегӯяд Худованд.

13

БОБИ СЕЗДАҲУМ

Камарбанди катон — симои қавми фосидшуда.

1 Худованд ба ман чунин гуфт: «Бирав ва барои худ камарбанди катоне бихар ва онро бар камари худ бибанд, вале онро дар об нағӯтон».

2 Ва ман камарбандро мувофиқи каломи Худованд харидам, ва онро ба камари худ бастам.

3 Ва каломи Худованд дафъаи дуюм бар ман нозил шуда, гуфт:

4 «Камарбандеро, ки харидӣ, ва он бар камари туст, бигир, ва бархоста, сӯи Фурот рав ва онро дар шикофи сахра пинҳон кун».

5 Ва ман рафта, онро назди Фурот пинҳон кардам, чунон ки Худованд ба ман амр фармуд.

6 Ва баъд аз гузаштани рӯзҳои зиёде Худованд ба ман гуфт: «Бархоста, сӯи Фурот рав, ва камарбандеро, ки ба ту амр фармуда будам, ки дар он ҷо пинҳон кунӣ, аз он ҷо бигир».

7 Ва ман сӯи Фурот рафта, кофтам, ва камарбандро аз ҷое ки пинҳон карда будам, гирифтам, ва инак, камарбанд пӯсида буд, ба тавре ки мутлақо кор намеомад.

8 Ва каломи Худованд бар ман нозил шуда, гуфт:

9 «Худованд чунин мегӯяд: кибри Яҳудо ва кибри азими Ерусалимро ҳамин тавр талаф хоҳам намуд.

10 Ин қавми шарир, ки аз шунидани суханони Ман гардан метобанд, саркашии дилҳои худро пайравӣ менамоянд, ва аз қафои худоёни бегона мераванд, то ки ба онҳо ибодат ва саҷда кунанд, мисли ин камарбанде ки мутлақо кор намеояд, хоҳанд шуд.

11 Зеро, чунон ки камарбанд ба камари одам мечаспад, ончунон Ман тамоми хонадони Исроил ва тамоми хонадони Яҳудоро ба Худам часпонидам, — мегӯяд Худованд, — то ки барои Ман қавм, ва исм, ва фаҳр, ва зинат бошанд, валекин нашниданд.

12 Ва ту ба онҳо ин каломро бигӯй: Худованд, Худои Исроил чунин мегӯяд: „Ҳар машк аз шароб пур хоҳад шуд“. Ва онҳо ба ту хоҳанд гуфт: „Оё мо намедонем, ки ҳар машк аз шароб пур хоҳад шуд?“

13 Ва ту ба онҳо бигӯй: „Худованд чунин мегӯяд: инак, Ман ҳамаи сокинони ин заминро бо подшоҳоне ки бар тахти Довуд нишастаанд, ва коҳинон ва анбиё ва ҳамаи сокинони Ерусалимро аз шароб то ба дараҷаи мастӣ пур хоҳам кард,

14 Ва онҳоро, яъне падарон ва писаронро, ба якдигар зада, пора‐пора хоҳам кард; дар вақти талаф сохтани онҳо дилсӯзӣ, шафқат ва раҳм нахоҳам кард“».

15 Бишнавед ва гӯш диҳед ва ҳавобаландӣ накунед!

Зеро ки Худованд сухан меронад.

16 Худованд Худои худро ҷалол диҳед пеш аз он ки Ӯ торикиро падид оварад,

ва пеш аз он ки пойҳои шумо бар кӯҳҳои тираранг билағжад;

ва шумо рӯшноиро интизор хоҳед шуд,

вале Ӯ онро зулмот хоҳад гардонид

ва ба абри сиёҳе мубаддал хоҳад кард.

17 Ва агар шумо инро нашнавед,

ҷони ман аз дидани ғурури шумо ба таври пинҳонӣ гирья хоҳад кард;

ва чашми ман зор‐зор гириста, ашк хоҳад рехт,

зеро ки рамаи Худованд ба асирӣ бурда шудааст.

18 Ба подшоҳ ва ба модари ӯ бигӯй:

«Поёнтар биншинед, чунки аз сарҳотон тоҷи шавкати шумо афтодааст.

19 Шаҳрҳои ҷанубӣ баста шудааст,

ва касе нест, ки онҳоро бикшояд;

тамоми Яҳудо ба асирӣ бурда шудааст,

комилан ба асирӣ бурда шудааст.

20 Чашмони худро баланд кунед ва онҳоеро,

ки аз шимол меоянд, бубинед;

рамае ки ба ту дода шуда буд,

он рамаи шавкати ту куҷост?

21 Ту чӣ хоҳӣ гуфт, чун Ӯ туро танбеҳ намояд?

Худат, охир, онҳоро омӯхта кардаӣ, ки бар ту сардор бошанд;

оё дардҳо туро, мисли зане ки мезояд, фаро намегирад?

22 Ва агар дар дили худ бигӯӣ: „Чаро ин чизҳо ба ман рӯй додааст?“ —

ба сабаби гуноҳҳои зиёди ту доманат кушода шудааст,

пошнаҳоят бо зӯрӣ бараҳна гардидааст.

23 Оё ҳабашӣ метавонад пӯсти худро дигаргун созад,

ва паланг — доғҳои худро?

Ончунон шумо низ, ки ба бадкорӣ омӯхта шудаед,

оё метавонед кори нек бикунед?

24 Ва Ман онҳоро мисли коҳрезае ки бо боди биёбон бурда мешавад,

пароканда хоҳам кард.

25 Насибаи ту, қисмате ки барои ту аз ҷониби Ман чен карда шудааст,

ҳамин аст, — мегӯяд Худованд, — аз он сабаб, ки ту

Маро фаромӯш кардаӣ ва ба дурӯғ эътимод намудаӣ.

26 Ва Ман низ доманатро бар рӯи ту бардоштам,

ва аврати ту намудор шуд.

27 Фиску фуҷури ту ва ваҷди шаҳвонии ту,

зиштии зинокории ту ва қабоҳатҳои туро

бар теппаҳои саҳро дидаам.

Вой бар ту, эй Ерусалим!

Пас аз ин ту то ба кай пок нахоҳӣ шуд?»

14

БОБИ ЧОРДАҲУМ

Пешгӯӣ дар бораи хушксолӣ ва қаҳтӣ.

1 Каломи Худованд, ки дар бораи хушксолӣ

бар Ирмиё нозил шудааст.

2 «Яхудо мотам гирифтааст,

ва дарвозаҳояш вайрон шуда, бар замин хобидааст,

ва истиғосаи Ерусалим баланд мешавад.

3 Ва акобирашон навкарони худро барои об мефиристанд;

онҳо назди ҳавзҳо меоянд, аммо об намеёбанд;

бо зарфҳои холӣ бармегарданд;

ошуфта ва хиҷил гардида, сарҳои худро мепӯшонанд.

4 Азбаски замин кафидааст,

зеро дар мамлакат борон наборидааст,

бинобар ин зироаткорон ошуфта гардида,

сарҳои худро мепӯшонанд.

5 Ҳатто ғизол дар саҳро зоида, бачаашро тарк мекунад,

чунки сабзае нест.

6 Ва гӯрхарон бар теппаҳо истода,

мисли шағолон ҳаворо фурӯ мебаранд;

чашмони онҳо хира шудааст, чунки алафе нест».

7 Агарчи гуноҳҳои мо бар зидди мо шаҳодат медиҳад,

Ту, эй Худованд, ба хотири исми Худ амал намо;

зеро ки муртадиҳои мо бисьёр шудааст,

ва мо пеши Ту гуноҳкор ҳастем.

8 Эй умеди Исроил, ки варо дар вақти тангӣ наҷот медиҳӣ!

Чаро Ту дар ин замин мисли бегонае мебошӣ,

ва мисли меҳмоне ки барои шабгузаронӣ омада бошад?

9 Чаро Ту мисли шахси саргаранге мебошӣ,

ва мисли паҳлавоне ки наметавонад наҷот диҳад?

Валекин Ту, эй Худованд, дар миёни мо ҳастӣ,

ва мо ба исми Ту номида шудаем, пас моро тарк накун.

10 Худованд дар бораи ин қавм чунин мегӯяд: «Чунон ки онҳо ба овора гаштан муҳаббат дошта, пойҳои худро нахостанд боздоранд, ончунон Худованд ба онҳо таваҷҷӯҳ накард, ва алҳол гуноҳашонро ба ёд оварда, онҳоро барои маъсияташон ҷазо медиҳад».

11 Ва Худованд ба ман гуфт: «Барои манфиати ин қавм дуо нагӯй.

12 Агар онҳо рӯза доранд, тазаррӯашонро нахоҳам шунид; ва агар қурбонии сӯхтанӣ ва ҳадияҳои ордӣ биёранд, онро қабул нахоҳам кард, балки Ман онҳоро бо шамшер ва қаҳтӣ ва вабо талаф хоҳам намуд».

13 Ва ман гуфтам: «ё Худоё Худовандо! Инак, анбиё ба онҳо мегӯянд: „Шамшерро нахоҳед дид, ва қаҳтӣ ба шумо воқеъ нахоҳад шуд, балки осоиштагии пойдоре ба шумо дар ин макон хоҳам дод“».

14 Ва Худованд ба ман гуфт: «Анбиё ба исми Ман бардурӯғ нубувват мекунанд; Ман онҳоро нафиристодаам ва ба онҳо амр нафармудаам ва сухане нагуфтаам; онҳо рӯъёи дурӯғ ва ҷоду ва батолат ва макри дили худро ба шумо нубувват мекунанд.

15 Бинобар ин Худованд дар бораи анбиё чунин мегӯяд: онҳо ба исми Ман нубувват мекунанд, ва ҳол он ки Ман онҳоро нафиристодаам, ва онҳо мегӯянд: „Шамшер ва қаҳтӣ дар ин замин воқеъ нахоҳад шуд“; ин анбиё аз шамшер ва қаҳтӣ талаф хоҳанд шуд.

16 Ва қавме ки онҳо барояшон нубувват мекунанд, ба сабаби қаҳтӣ ва шамшер дар кӯчаҳои Ерусалим партофта хоҳанд шуд, ва касе нахоҳад буд, ки онҳо ва занони онҳо ва писарон ва духтарони онҳоро дафн кунад; ва Ман шарорати онҳоро бар онҳо хоҳам рехт.

17 Ва ин каломро ба онҳо бигӯй:

„Бигзор чашмонам шабу рӯз ашк резад,

ва ашкаш хотима наёбад;

зеро ки духтари бокираи қавми ман бо шикасти азиме шикаст хӯрдааст,

бо зарбае ки ҳалокатовар аст.

18 Агар ба саҳро бароям, — инак, шаҳидони шамшер;

ва агар ба шаҳр дароям, — инак, гирифторони қаҳтӣ;

зеро ки ҳам набӣ ва ҳам коҳин

бар замин овора шуда мегарданд ва ҳеҷ чизро намедонанд“».

19 Магар Ту Яҳудоро тамоман рад кардаӣ?

Магар ҷони Ту аз Сион нафрат намудааст?

Чаро моро тавре зарба задаӣ, ки барои мо ҳеҷ шифое нест?

Осоиштагиро умедвор шудем, ва ҳеҷ хайре нест;

ва замони шифоро интизор шудем, ва инак, даҳшат падид омад.

20 Мо, эй Худованд, ба шарорати худ,

ба маъсияти падарони худ иқрор мебошем,

зеро ки пеши Ту гуноҳ кардаем.

21 Ба хотири исми Худ моро рад нанамо;

тахти ҷалоли Худро беобрӯ накун;

аҳди Худро, ки бо мо бастаӣ, ба ёд овар ва онро нашикан.

22 Оё дар миёни бутҳои халқҳо ба вуҷуд оварандагони борон ҳастанд?

Ва оё осмон худ аз худ метавонад борон биборонад?

Ин, охир, Ту, эй Худованд, Худои мо ҳастӣ,

ва мо ба Ту умед хоҳем баст,

зеро ки Ту ҳамаи ин чизҳоро офаридаӣ.

15

БОБИ ПОНЗДАҲУМ

Ҳалокати қавм ногузир аст.

1 Ва Худованд ба ман гуфт: «Ҳатто агар Мусо ва Самуил ба ҳузури Ман биистанд, ҷони Ман ба ин қавм моил нахоҳад шуд; онҳоро аз ҳузури Ман дур андоз, то бираванд.

2 Ва агар ба ту бигӯянд: „Ба куҷо биравем?“ — ба онҳо бигӯй: Худованд чунин мегӯяд:

„Он ки маҳкум ба марг аст — ба марг,

ва он ки маҳкум ба шамшер аст — ба шамшер,

ва он ки маҳкум ба қаҳтист — ба қаҳтӣ,

ва он ки маҳкум ба асирист — ба асирӣ дучор хоҳад шуд“.

3 Ва Ман бар онҳо чор навъ мусибатро амр хоҳам фармуд, — мегӯяд Худованд: — Шамшерро барои куштан, ва сагонро барои даридан, ва мурғони осмон ва ҳайвоноти саҳроро барои хӯрдан ва талаф кардан.

4 Ва Ман онҳоро барои ҳамаи мамлакатҳои замин ба даҳшат табдил хоҳам дод, аз боиси Менашше ибни Ҳизқиё подшоҳи Яҳудо ва корҳое ки ӯ дар Ерусалим кардааст.

5 Кист, ки бар ту, эй Ерусалим, раҳм кунад,

ва кист, ки ба ту ҳамдардӣ изҳор намояд,

ва кист, ки омада, аҳволи туро бипурсад?

6 Ту Маро тарк кардӣ, — мегӯяд Худованд, — ақиб гаштӣ;

бинобар ин Ман дасти Худро бар ту дароз карда,

туро талаф хоҳам намуд: аз пушаймон шудан безорам.

7 Ва Ман онҳоро назди дарвозаҳои замин бо ғалбер бод хоҳам дод;

қавми Худро аз фарзандҳошон маҳрум сохта, талаф

хоҳам намуд, чунки онҳо аз роҳҳои худ нагаштанд.

8 Бевазанони онҳо пеши назари Ман аз реги дарьё зиёдтаранд;

бар онҳо, бар модари ҷавонон, тороҷгареро хоҳам овард,

ки дар нимирӯзӣ тороҷ мекунад;

онҳоро ногаҳон дар тарс ва даҳшат хоҳам андохт.

9 Зане ки ҳафт бача зоидааст, беҳуш гардида,

ҷон медиҳад;

офтоби вай дар миёнаи рӯз ғуруб намуда, вай шармсор ва хиҷил шудааст;

бақияи онҳоро низ пеши назари душманонашон

ба дами шамшер хоҳам супурд», — мегӯяд Худованд.

10 Вой бар ман, эй модарам, ки ту маро марде зоидаӣ,

ки тамоми аҳли замин бо ман низоъ ва нифоқ мекунанд!

На ба касе қарз додаам, ва на аз касе қарз гирифтаам,

лекин ҳама ба ман лаънат мехонанд.

11 Худованд мегӯяд: «Оё Ман туро ба манфиати ту тақвият надодам?

Оё дар замони мусибат ва дар замони тангӣ душманонатро пеши ту мағлуб накардам?

12 Оё метавонанд оҳан,

яъне оҳани шимолӣ, ва мисро бишкананд?

13 Сарвати ту ва хазинаҳои туро аз боиси ҳамаи гуноҳҳое ки ту дар тамоми ҳудуди худ кардӣ,

муфт ба тороҷ хоҳам дод.

14 Ва туро бо душманонат ба замине ки намедонӣ, хоҳам кӯчонид,

зеро ғазаби Ман оташ гирифтааст,

ва он бар шумо аланга хоҳад зад».

15 Ту, эй Худованд, инро медонӣ;

пас, маро ба ёд овар ва тафаққуд намо,

ва интиқоми маро аз таъқибкунандагонам бигир;

ба сабаби пурсабрии Худ маро талаф накун;

бидон, ки ба хотири Ту бори нангро бардоштаам.

16 Суханони Ту пайдо шуд, ва ман онҳоро фурӯ бурдам,

ва каломи Ту шодии ман ва хурсандии дили ман гардид,

зеро ки ман ба исми Ту, эй Худованд Худои лашкарҳо, номида шудаам.

17 Дар маҷлиси бозигарон нанишастаам ва дилхушӣ накардаам;

аз дасти Ту танҳо нишастам,

зеро ки Ту маро аз ғазаб пур кардӣ.

18 Чаро дарди ман доимист, ва захми ман сахт аст,

ба тавре ки шифоро намепазирад?

Ту барои ман чашмаи яъсовар, оби бевафо будӣ.

19 Бинобар ин Худованд чунин мегӯяд:

«Агар ту баргардӣ, Ман туро қабул хоҳам кард,

он гоҳ ба ҳузури Ман хоҳӣ истод;

ва агар гаронбаҳоро аз ночиз берун оварӣ,

мисли даҳони Ман хоҳӣ буд;

онҳо назди ту хоҳанд баргашт,

вале ту назди онҳо нахоҳӣ баргашт.

20 Ва Ман туро барои ин қавм ҳисори мустаҳками мисин хоҳам гардонид;

ва онҳо ба муқобили ту хоҳанд ҷангид,

вале бар ту ғолиб нахоҳанд омад,

зеро Ман бо ту ҳастам, то ки туро наҷот диҳам

ва раҳо кунам, — мегӯяд Худованд. —

21 Ва туро аз дасти шарирон раҳо хоҳам кард,

ва туро аз дасти ситамгарон халосӣ хоҳам дод».

16

БОБИ ШОНЗДАҲУМ

Валангор шудани мамлакат ва ба асирӣ рафтани қавм.

Ирмиё бояд бе зан бимонад.

1 Ва каломи Худованд бар ман нозил шуда, гуфт:

2 «Барои худ зан нагир, ва туро дар ин макон писарон ва духтарон набошанд.

3 Зеро Худованд дар бораи писарон ва духтароне ки дар ин макон зоида мешаванд, ва дар бораи модарони онҳо, ки онҳоро мезоянд, ва дар бораи падарони онҳо, ки онҳоро дар ин замин ба вуҷуд меоваранд, чунин мегӯяд:

4 Онҳо аз бемориҳои сахт хоҳанд мурд; барои онҳо касе навҳа нахоҳад кард, ва онҳо дафн карда нахоҳанд шуд, балки мисли ахлоте бар рӯи замин хоҳанд буд; ва ба дами шамшер ва аз қаҳтӣ талаф хоҳанд шуд, ва ҷасадҳои мурдаи онҳо хӯроки мурғони осмон ва ҳайвоноти замин хоҳад шуд.

5 Зеро ки Худованд чунин мегӯяд: ба хонаи мотам надаро, ва барои навҳа кардан нарав, ва ба онҳо таъзия баён накун; зеро ки Ман, — мегӯяд Худованд, — осоиштагии Худро, яъне эҳсон ва марҳаматро аз ин қавм дур кардаам.

6 Ва калонон ва хурдон дар ин замин хоҳанд мурд, ва дафн карда нахоҳанд шуд, ва барои онҳо навҳагарӣ нахоҳанд кард, ва бадани худро харошида маҷрӯҳ нахоҳанд намуд, ва барои онҳо мӯйсари худро нахоҳанд тарошид.

7 Ва барои онҳо нон нахоҳанд шикаст, то ки ба мотамдорон дар бораи мурдагонашон таъзия баён кунанд, ва ба онҳо косаи таъзиятро дар бораи падар ё модарашон нахоҳанд нӯшонид.

8 Ба хонаи базм низ надаро, то ки бо онҳо нишаста, бихӯрӣ ва бинӯшӣ.

9 Зеро ки Худованди лашкарҳо, Худои Исроил чунин мегӯяд: инак, Ман дар пеши назари шумо ва дар айёми шумо садои шодӣ ва садои хурсандӣ, овози домод ва овози арӯсро аз ин макон нест хоҳам кард.

10 Ва ҳангоме ки ту ба ин қавм ҳамаи ин суханонро баён намоӣ, ва онҳо ба ту бигӯянд: „Аз чӣ сабаб Худованд тамоми ин мусибати бузургро бар зидди мо изҳор кардааст? Ва маъсияти мо чист, ва гуноҳе ки пеши Худованд Худои худ кардаем, чист?“ —

11 Он гоҳ ба онҳо бигӯй: аз он сабаб, ки падарони шумо Маро тарк карданд, — мегӯяд Худованд, — ва худоёни дигарро пайравӣ намуда, ба онҳо ибодат ва саҷда карданд, валекин Маро тарк намуданд, ва шариати Маро риоя накарданд.

12 Ва шумо аз падарони худ боз ҳам бадтар рафтор кардед, ва ҳар яке аз шумо саркашии дили шарири худро пайравӣ менамояд, бе он ки Маро бишнавад.

13 Ба ин сабаб Ман шуморо аз ин замин ба замине ки шумо ва падаронатон надонистаед, хоҳам партофт, ва шумо дар он ҷо худоёни дигарро рӯзу шаб ибодат хоҳед намуд, зеро ки Ман ба шумо шафқат нахоҳам кард.

14 Бинобар ин, инак айёме фаро мерасад, — мегӯяд Худованд, — ки дигар гуфта нахоҳад шуд: „Қасам ба ҳаёти Худованд, ки банӣ‐Исроилро аз замини Миср берун овард“,

15 Балки: „Қасам ба ҳаёти Худованд, ки банӣ‐Исроилро аз замини шимолӣ ва аз ҳамаи заминҳое ки онҳоро ба он ҷо бадар ронда буд, берун овард“; зеро ки Ман онҳоро ба замине ки ба падаронашон дода будам, хоҳам баргардонид.

16 Инак, Ман моҳигирони бисьёрро хоҳам фиристод, — мегӯяд Худованд, — ва онҳоро шикор хоҳанд кард; ва пас аз он сайёдони бисьёрро хоҳам фиристод, ва онҳоро аз болои ҳар кӯҳ ва аз болои ҳар теппа ва аз шикофҳои сахраҳо сайд хоҳанд кард.

17 Зеро ки чашмонам бар ҳамаи роҳҳои онҳост: онҳо аз Ман пинҳон нестанд, ва маъсияташон аз чашмони Ман пӯшида нест.

18 Ва Ман аввал барои маъсият ва гуноҳашон подоши дучанд хоҳам дод, чунки замини Маро палид намуда, мероси Маро бо ҷасадҳои бутҳошон ва бо қабоҳатҳошон пур кардаанд».

19 «Худовандо! Ту қуввати ман ва муттакои ман

ва паноҳгоҳи ман дар рӯзи тангӣ ҳастӣ!

Назди Ту халқҳо аз ақсои замин омада, хоҳанд гуфт:

„Падарони мо фақат чизҳои дурӯғ ва ҳеҷу пучро,

ки манфиате аз онҳо нест, мерос гирифтаанд“.

20 Оё одамизод метавонад барои худ худоён бисозад,

ва ҳол он ки онҳо худо нестанд?»

21 «Бинобар ин, инак Ман ҳамин дафъа ба онҳо нишон хоҳам дод:

дасти Худ ва иқтидори Худро ба онҳо нишон хоҳам дод,

ва онҳо хоҳанд донист, ки исми Ман Худованд аст.

17

БОБИ ҲАФДАҲУМ

Давоми он.

1 Гуноҳи Яҳудо бо қалами оҳанин навишта шудааст,

бо неши алмос бар лавҳи дилҳои онҳо

ва бар шохҳои қурбонгоҳҳои шумо нақш бастааст.

2 Чунон ки писарони худро онҳо дар хотир нигоҳ медоранд,

ончунон қурбонгоҳҳои худ ва Ашераҳои худро,

ки назди дарахтони сабз,

бар теппаҳои баланд мебошанд, дар хотир нигоҳ медоранд.

3 Эй кӯҳи Ман, ки дар саҳро ҳастӣ!

Сарвати ту ва ҳамаи хазинаҳои туро ба тороҷ хоҳам дод,

минбарҳои туро низ аз боиси гуноҳе ки дар тамоми ҳудуди худ кардаӣ.

4 Ва ту бо айби худат аз мероси худ,

ки Ман ба ту додаам, маҳрум хоҳӣ шуд,

ва туро дар замине ки намедонӣ,

ба дасти душманонат ба бандагӣ хоҳам супурд,

зеро ғазаби Ман оташ гирифтааст,

ва он то абад аланга хоҳад зад».

5 Худованд чунин мегӯяд:

«Малъун аст марде ки ба одамизод таваккал мекунад,

ва ҷисмро муттакои худ мегардонад,

ва дилаш аз Худованд дур мешавад.

6 Ва ӯ мисли дарахти аръар дар бодия хоҳад буд,

ва нахоҳад дид, ки кай некӣ меояд;

ва дар ҷойҳои хушки биёбон,

дар шӯразамини ғайримаскун сокин хоҳад шуд.

7 Муборак аст марде ки ба Худованд таваккал мекунад,

ва Худованд пушту паноҳи ӯст;

8 Ва ӯ мисли дарахте хоҳад буд, ки назди об шинонда шудааст,

ва решаҳояшро ба сӯи ҷӯйҳо равона мекунад,

ва аз омадани гармо наметарсад, ва баргҳояш сабз аст,

ва дар хушксолӣ ғам намехӯрад,

ва аз мева додан бознамемонад.

9 Дил аз ҳама чиз маккортар аст, ва он шифонопазир аст;

кист, ки онро тавонад дарк кунад?

10 Ман, Худованд, дилро тафтиш мекунам ва ботинро меозмоям,

то ки ба ҳар кас бар тибқи роҳҳояш,

бар ҳасби самари аъмолаш подош диҳам».

11 «Кабк бар тухмҳое ки худаш назоидааст, менишинад:

чунин аст шахсе ки бо роҳи ғайриодилона сарват меандӯзад;

дар нисфи умраш он сарват ӯро тарк хоҳад кард,

ва дар охири умраш ӯ нокас хоҳад буд.

12 Тахти ҷалол, ки макони муқаддаси мост,

аз азал баланд аст.

13 Ту умеди Исроил ҳастӣ, эй Худованд!

Ҳамаи онҳое ки Туро тарк мекунанд, шармсор хоҳанд шуд;

ва онҳое ки аз ман дур мешаванд, бар хок навишта хоҳанд шуд,

зеро ки онҳо Худовандро, ки чашмаи оби ҳаёт аст, тарк кардаанд.

14 Маро, эй Худованд, шифо бидеҳ, ва ман шифо хоҳам ёфт;

маро наҷот деҳ, ва ман наҷот хоҳам ёфт,

зеро ки Ту ҳамду санои ман ҳастӣ.

15 Инак, онҳо ба ман мегӯянд:

„Каломи Худованд куҷост?

Бигзор он ба амал ояд!“

16 Вале ман ба пайравии Ту барои он нашитофтаам,

ки чӯпон бошам,

ва рӯзи мусибатро орзу накардаам, — Ту инро медонӣ;

он чи аз даҳони ман берун омадааст, ба ҳузури Ту ошкор аст.

17 Барои ман сабаби тарсу ҳарос набош;

Ту дар рӯзи мусибат паноҳгоҳи ман ҳастӣ.

18 Бигзор таъқибкунандагони ман хиҷил шаванд, вале ман хиҷил нашавам;

бигзор онҳо ҳаросон шаванд, вале ман ҳаросон нашавам;

бар онҳо рӯзи мусибатро биёр,

ва онҳоро бо шикасти дучанд торумор намо».

Нутқи Ирмиё назди дарвоза дар бораи рӯзи шанбе.

19 Худованд ба ман чунин гуфт: «Бирав ва назди дарвозаи писарони қавм, ки подшоҳони Яҳудо аз он медароянд ва аз он мебароянд, ва назди ҳамаи дарвозаҳои Ерусалим биист,

20 Ва ба онҳо бигӯй: „Каломи Худовандро бишнавед, эй подшоҳони Яҳудо ва тамоми аҳли Яҳудо ва ҳамаи сокинони Ерусалим, ки аз ин дарвозаҳо медароед!

21 Худованд чунин мегӯяд: аз ҷонҳои худ бохабар бошед, ва дар рӯзи шанбе ҳеҷ боре набардоред, ва онро ба дарвозаҳои Ерусалим надароред;

22 Ва дар рӯзи шанбе аз хонаҳотон ҳеҷ боре набароред, ва ҳеҷ коре накунед, балки рӯзи шанберо тақдис намоед, чунон ки Ман ба падарони шумо амр фармудаам;

23 Валекин онҳо нашниданд ва гӯши худро хам накарданд, балки гарданкашӣ карданд, то ки нашнаванд ва пандро напазиранд.

24 Ва агар шумо Маро бишнавед, — мегӯяд Худованд — ва дар рӯзи шанбе ҳеҷ боре ба дарвозаи ин шаҳр надароред, ва рӯзи шанберо тақдис намуда, дар ин рӯз ҳеҷ коре накунед,

25 Дар он сурат подшоҳон ва мироне ки бар тахти Довуд менишинанд ва бар аробаҳо ва аспон савор мешаванд, — худашон ва вазиронашон, мардони Яҳудо ва сокинони Ерусалим аз дарвозаҳои ин шаҳр дохил хоҳанд шуд, ва ин шаҳр то абад маскун хоҳад буд.

26 Ва аз шаҳрҳои Яҳудо, ва аз атрофи Ерусалим, ва аз замини Биньёмин, ва аз даштрӯя ва кӯҳсор ва ҷануб хоҳанд омад, ва қурбониҳои сӯхтанӣ ва забҳҳо, ва ҳадияҳои ордӣ, ва лебӯно хоҳанд овард, ва қурбониҳои шукронаро ба хонаи Худованд хоҳанд овард.

27 Ва агар Маро нашнида, рӯзи шанберо тақдис нанамоянд ва дар рӯзи шанбе боре бардошта, ба дарвозаҳои Ерусалим дароянд, он гоҳ Ман ба дарвозаҳояш оташ хоҳам зад, — ва он қасрҳои Ерусалимро хоҳад сӯзонид ва хомӯш нахоҳад шуд“».

18

БОБИ ҲАЖДАҲУМ

Ирмиё дар хонаи кулолгар.

1 Каломе ки бар Ирмиё аз ҷониби Худованд нозил шуда, гуфт:

2 «Бархез ва ба хонаи кулолгар фурӯд ой, ва дар он ҷо суханони Худро ба ту хоҳам шунавонид».

3 Ва ман ба хонаи кулолгар фурӯд омадам, ва инак, ӯ бар чархҳо кор мекард.

4 Ва зарфе ки кулолгар аз гил месохт, дар дасти ӯ вайрон шуд, ва ӯ аз нав зарфи дигаре аз он сохт, ба тавре ки ба чашми кулолгар рост омад, ки бисозад.

5 Ва каломи Худованд бар ман нозил шуда, гуфт:

6 «Оё Ман ба шумо, эй хонадони Исроил, мисли ҳамин кулолгар наметавонам рафтор намоям? — мегӯяд Худованд. — Инак, чунон ки гил дар дасти кӯзагар аст, ончунон шумо, эй хонадони Исроил, дар дасти Ман мебошед.

7 Баъзан Ман дар бораи халқе ва мамлакате мегӯям, ки онҳоро решакан ва хароб ва талаф хоҳам намуд,

8 Валекин агар халқе ки дар бораи онҳо ин суханро гуфтаам, аз шарорати худ тавба кунанд, Ман он мусибатеро, ки азм доштам бар онҳо оварам, ботил хоҳам кард.

9 Ва баъзан Ман дар бораи халқе ва мамлакате мегӯям, ки онҳоро обод ва устувор хоҳам сохт,

10 Валекин агар онҳо пеши назари Ман бадкорӣ карда, ба овози Ман гӯш надиҳанд, Ман он некиро, ки мехостам ба онҳо бикунам, ботил хоҳам кард.

11 Ва акнун ту ба мардони Яҳудо ва сокинони Ерусалим муроҷиат намуда, бигӯй: „Худованд чунин мегӯяд: инак, Ман мусибате барои шумо муҳайё менамоям, ва қасде ба муқобили шумо дорам; пас шумо ҳар яке аз роҳи бади худ баргардед, ва роҳҳо ва аъмоли худро ислоҳ намоед“.

12 Вале онҳо мегӯянд: „Не, умеде нест! Зеро ки мо қасдҳои худро пайравӣ хоҳем кард, ва ҳар яке бар тибқи саркашии дили шарири худ рафтор хоҳем намуд“.

13 Бинобар ин Худованд чунин мегӯяд:

дар миёни халқҳо бипурсед:

кист, ки чизе монанди ин шунида бошад?

Бокираи Исроил маъсияти азиме ба амал овардааст.

14 Оё барфи Лубнон қуллаи кӯҳро тарк мекунад?

Оё обҳои сарде ки аз ҷойҳои дур ҷорист, хушк мешавад?

15 Аммо қавми Ман Маро фаромӯш карда,

барои батолат бухур месӯзонанд,

ва он батолат онҳоро дар роҳҳои онҳо,

ки тариқҳои қадим аст, пешпо мезанад,

то ки бо пайроҳаҳои ҷоддаи нообод қадамгузор шаванд,

16 То ки замини худро ба биёбон табдил дода,

боиси мадҳушии абадӣ гардонанд,

ба тавре ки ҳар касе ки аз он гузар кунад,

дар ҳайрат афтода, сари худро хоҳад ҷунбонид.

17 Ман мисли боди шарқӣ онҳоро пеши душман пароканда хоҳам кард;

дар рӯзи ҳалокаташон пуштро ба онҳо нишон хоҳам дод, на ин ки рӯйро».

18 Ва онҳо гуфтанд: «Биёед, бар зидди Ирмиё тадбирҳо биандешем, зеро ки шариат аз коҳин, ва машварат аз хирадманд, ва калом аз набӣ маҳв нахоҳад шуд; пас биёед, ӯро бо забон зарба занем, ва ба суханони ӯ гӯш наандозем».

19 Ба ман, эй Худованд, гӯш андоз

ва овози мухолифони маро бишнав.

20 Оё ба ивази некӣ бадӣ мекунанд?

Онҳо, охир, барои ҷони ман чоҳ мекананд.

Ба ёд овар, ки ман ба ҳузури Ту истода будам,

то ки дар бораи онҳо суханони нек гуфта,

ғазаби Туро аз онҳо баргардонам.

21 Бинобар ин писарони онҳоро ба қаҳтӣ гирифтор намо,

ва онҳоро ба дами шамшер бисупор;

бигзор занони онҳо гумкардафарзанд ва бева шаванд,

ва шавҳаронашон куштаи вабо,

ва ҷавононашон дар ҷанг қурбони шамшер гарданд.

22 Бигзор аз хонаҳои онҳо нолаю фиғон шунида шавад,

вақте ки Ту ногаҳон бар онҳо фавҷе биёрӣ;

зеро ки онҳо барои андармон кардани ман чоҳ кандаанд,

ва домҳо барои пойҳои ман ба таври ниҳонӣ гузоштаанд.

23 Валекин Ту, эй Худованд, тамоми қасди онҳоро,

ки барои куштани ман доранд, медонӣ;

пас гуноҳи онҳоро наомурз,

ва маъсияти онҳоро аз хотири Худ набарор;

бигзор онҳо ба ҳузури Ту вожгун гарданд;

дар вақти ғазаби Худ бар онҳо доварӣ намо.

19

БОБИ НУЗДАҲУМ

Кӯзаи шикаста — тимсоли валангор шудани Ерусалим.

1 Худованд чунин гуфт: «Бирав ва кӯзаи сафолин аз кулолгар бихар, ва баъзе аз пирони қавм ва пирони коҳинонро бо худ бигир.

2 Ва ба водии Бен‐Ҳиннӯм, ки дар даҳани дарвозаи Ҳарсит воқеъ аст, баромада, суханонеро, ки ба ту хоҳам гуфт, дар он ҷо эълон намо,

3 Ва бигӯй: „Каломи Худовандро бишнавед, эй подшоҳони Яҳудо ва сокинони Ерусалим! Худованди лашкарҳо, Худои Исроил чунин мегӯяд: инак Ман бар ин макон чунон мусибате меоварам, ки ҳар кӣ онро бишнавад, гӯшҳояш садо хоҳад дод,

4 Аз барои он ки Маро тарк карданд, ва ин маконро аз Ман бегона сохтанд, ва дар он барои худоёни дигар, ки худашон ва падаронашон ва подшоҳони Яҳудо намешинохтанд, бухур сӯзониданд, ва ин маконро аз хуни бегуноҳон пур карданд;

5 Ва минбарҳо барои Баал бино карданд, то ки писарони худро ҳамчун қурбониҳои сӯхтанӣ барои Баал дар оташ бисӯзонанд, ки инро Ман амр нафармудаам, ва нагуфтаам, ва ин ба хаёлам наомадааст.

6 Бинобар ин, — мегӯяд Худованд, — айёме фаро мерасад, ки ин макон дигар Тӯфет ва водии Бен‐Ҳиннӯм номида нахоҳад шуд, балки водии қатл.

7 Ва машварати Яҳудо ва Ерусалимро дар ин макон ботил хоҳам кард, ва онҳоро пеши душманонашон ва бо дасти толибони ҷонашон ба дами шамшер фурӯ хоҳам ғалтонид, ва ҷасадҳои онҳоро хӯроки мурғони осмон ва ҳайвоноти замин хоҳам гардонид.

8 Ва ин шаҳрро ба биёбон табдил дода, боиси мадҳушӣ хоҳам гардонид, ба тавре ки ҳар касе ки аз он гузар кунад, дар ҳайрат афтад ва аз дидани ҳамаи захмҳояш мадҳуш шавад.

9 Ва гӯшти писарони онҳо ва гӯшти духтарони онҳоро ба онҳо хоҳам хӯронид, ва дар муҳосира ва тангие ки душманонашон ва толибони ҷонашон бар онҳо хоҳанд овард, онҳо гӯшти якдигарро хоҳанд хӯрд“.

10 Ва кӯзаро дар пеши назари одамоне ки бо ту меоянд, бишкан.

11 Ва ба онҳо бигӯй: „Худованди лашкарҳо чунин мегӯяд: ин қавм ва ин шаҳрро ончунон хоҳам шикаст, чунон ки зарфи кулолгарро мешикананд, ва онро дигар дуруст кардан мумкин нест; ва онҳоро, ба сабаби камии ҷои дафн, дар Тӯфет дафн хоҳанд кард.

12 Ба ин макон, — мегӯяд Худованд, — ва ба сокинонаш чунин амал хоҳам кард, ва ин шаҳрро мисли Тӯфет хоҳам гардонид.

13 Ва хонаҳои Ерусалим ва хонаҳои подшоҳони Яҳудо мисли макони Тӯфет палид хоҳанд шуд, яъне ҳамаи хонаҳое ки бар бомҳошон барои тамоми лашкари осмон бухур сӯзонидаанд, ва ҳадияҳои рехтанӣ барои худоёни бегона рехтаанд“».

14 Ва Ирмиё аз Тӯфет, ки Худованд ӯро барои нубувват кардан ба он ҷо фиристода буд, омад ва дар саҳни хонаи Худованд истода, ба тамоми қавм гуфт:

15 «Худованди лашкарҳо, Худои Исроил чунин мегӯяд: инак, Ман бар ин шаҳр ва бар ҳамаи қасабаҳояш тамоми мусибатеро, ки дар бораи он сухан рондаам, хоҳам овард, чунки онҳо гарданкашӣ карда, суханони Маро нашнидаанд».

20

БОБИ БИСТУМ

Пашҳур Ирмиёро таҳқир намуд;

пешгӯӣ дар бораи асирии Бобил.

1 Ва Пашҳур ибни Имери коҳин, ки сардори нозирон дар хонаи Худованд буд, ин суханонро, ки Ирмиё нубувват кард, шунид,

2 Ва Пашҳур Ирмиёи набиро зада, дар шиканҷагоҳе ки дар дарвозаи болои Биньёмин назди хонаи Худованд буд, андохт.

3 Ва фардои он Пашҳур Ирмиёро аз шиканҷагоҳ баровард, ва Ирмиё ба вай гуфт: «Худованд номи туро Пашҳур+ 20:3 Пашҳур — фароғат дар гирду пеш. не, балки Магӯр‐Мисавив+ 20:3 Магӯр‐Мисавив — даҳшат дар гирду пеш. хондааст.

4 Зеро ки Худованд чунин мегӯяд: инак, Ман туро барои худат ва барои ҳамаи дӯстонат рамзи даҳшат мегардонам, ва онҳо ба дами шамшери душманони худ фурӯ хоҳанд ғалтид, ва чашмонат инро хоҳад дид; ва Ман тамоми Яҳудоро ба дасти подшоҳи Бобил хоҳам супурд, ва ӯ онҳоро ба Бобил хоҳад бурд, ва онҳоро ба дами шамшер қатл хоҳад кард;

5 Ва тамоми сарвати ин шаҳрро, ва тамоми молу мулки онро, ва тамоми ашьёи гаронбаҳои онро хоҳам супурд; ва ҳамаи ганҷинаҳои подшоҳони Яҳудоро ба дасти душманонашон хоҳам дод, ва онҳоро толону тороҷ карда ва тасарруф намуда, ба Бобил хоҳанд бурд.

6 Ва ту, эй Пашҳур, ва ҳамаи сокинони хонаи ту ба асирӣ хоҳед рафт; ва ба Бобил хоҳӣ расид, ва дар он ҷо хоҳӣ мурд, ва дар он ҷо дафн карда хоҳӣ шуд, — ту, ва ҳамаи дӯстонат, ки барояшон ту нубуввати бардурӯғ мекардӣ».

7 Худовандо, Ту маро саргарм кардӣ, ва ман саргарм шудам;

Ту аз ман пурзӯртарӣ — ва ғолиб омадӣ;

ман тамоми рӯз хандахариш гардидам:

ҳар кӣ маро тамасхур мекунад.

8 Зеро, ҳамин ки ба суханронӣ шурӯъ намоям,

дар бораи зулм фарьёд мезанам,

ва дар бораи тороҷ фиғон мекашам,

чунки каломи Худованд барои ман нанг

ва тамасхури харрӯза гардидааст.

9 Ва ман ба дили худ гуфтам: «Дигар Ӯро зикр нахоҳам кард,

ва дигар ба исми Ӯ сухан нахоҳам ронд».

Вале он дар дили ман мисли оташи фурӯзон буд,

ки дар устухонҳоям ҷойгир шудааст,

ва ман онро боздошта, хаста гардидаам, ва натавонистам.

10 Зеро ки аз ҷониби касони бисьёр бӯҳтон шунидам,

ва даҳшат дар гирду пеш буд:

«Арз кунед, ва мо аз ӯ шикоят хоҳем намуд».

Ҳатто ҳамаи онҳое ки дӯсти худ медонистам,

бар ман камин мекунанд:

«Шояд саҳве кунад, ва мо бар ӯ ғолиб оем,

ва интиқоми худро аз ӯ бигирем».

11 Лекин Худованд, мисли ҷаббори пуриқтидор,

бо ман аст;

бинобар ин таъқибкунандагони ман пешпо хӯрда, ғолиб нахоҳанд омад;

бағоят шармсор хоҳанд шуд, чунки аблаҳона рафтор карданд;

хиҷолати абадии онҳо фаромӯш нахоҳад шуд.

12 Вале Ту, эй Худованди лашкарҳо, ки одилро меозмоӣ

ва ботину дилро мебинӣ, чунин бикун,

ки аз онҳо интиқом гирифтанатро бубинам,

зеро ки даъвои худро пеши ту зоҳир намудаам.

13 Барои Худованд бисароед, Худовандро ҳамду сано гӯед,

зеро ки Ӯ ҷони мискинро аз дасти шарирон наҷот додааст.

14 Малъун бод рӯзе ки дар он зоида шудаам!

Муборак мабод рӯзе ки модарам маро зоидааст!

15 Малъун бод шахсе ки ба падарам мужда дода, гуфтааст:

«Барои ту фарзанди нарина зоида шуд!» —

ва ӯро бағоят шод кардааст.

16 Бигзор аҳволи он шахс мисли шаҳрҳое бишавад,

ки Худованд онҳоро вожгун кард ва ҳеҷ таассуф нанамуд;

бигзор вай субҳидам фиғон ва нимирӯзӣ фарьёд бишнавад,

17 Аз боиси он ки вай маро дар худи батн намиронидааст,

то ки модарам қабри ман бошад,

ва батнаш ҳомилаи абадӣ бимонад.

18 Чаро ман аз батн берун омадаам,

то ки машаққат ва андӯҳ бубинам,

ва рӯзҳоям дар хиҷолат адо шавад?

21

БОБИ БИСТУ ЯКУМ

Набӣ ба Сидқиё асирии Бобилро пешгӯӣ мекунад.

1 Каломе ки бар Ирмиё аз ҷониби Худованд нозил шуд, вақте ки подшоҳ Сидқиё Пашҳур ибни Малкиё ва Сафаньё ибни Маъсиёи коҳинро назди ӯ фиристода, гуфт:

2 «Лутфан, барои мо аз Худованд бипурс, зеро ки Набукаднесар подшоҳи Бобил бар зидди мо ҷанг мекунад; шояд, Худованд барои мо чизе монанди тамоми мӯъҷизоти Ӯ ба амал оварад, то ки вай аз мо қафо гардад».

3 Ва Ирмиё ба онҳо гуфт: «Ба Сидқиё чунин бигӯед:

4 „Худованд, Худои Исроил чунин мегӯяд: инак, Ман олоти ҷангро, ки дар дасти шумост, ва шумо ба воситаи онҳо бо подшоҳи Бобил ва калдониёне ки шуморо аз беруни ҳисор муҳосира намудаанд, ҷанг мекунед, ба самти дигар хоҳам гардонид, ва онҳоро андаруни ин шаҳр ҷамъ хоҳам овард;

5 Ва Худам бар зидди шумо бо дасти тӯлонӣ ва бозуи қавӣ ва бо ғазаб ва қаҳр ва хашми азиме ҷанг хоҳам кард;

6 Ва сокинони ин шаҳрро — ҳам одамон ва ҳам чорпоёнро — зарба хоҳам зад: онҳо аз вабои бузурге хоҳанд мурд.

7 Ва баъд аз он, — мегӯяд Худованд, — Сидқиё подшоҳи Яҳудо, ва бандагонаш, ва ин қавм, ва онҳоеро, ки дар ин шаҳр аз вабо, шамшер ва қаҳтӣ боқӣ мондаанд, ба дасти Набукаднесар, подшоҳи Бобил, ва ба дасти душмани онҳо, ва ба дасти толибони ҷонашон хоҳам супурд, ва ӯ онҳоро ба дами шамшер қатл хоҳад кард, ва дар ҳаққи онҳо дилсӯзӣ, шафқат ва раҳм нахоҳад намуд“.

8 Ва ба ин қавм бигӯй: „Худованд чунин мегӯяд: инак, Ман ба шумо роҳи ҳаёт ва роҳи мамотро пешниҳод менамоям:

9 Ҳар кӣ дар ин шаҳр бимонад, аз шамшер ва қаҳтӣ ва вабо хоҳад мурд, вале ҳар кӣ баромада, ба калдониёне ки шуморо муҳосира кардаанд, таслим шавад, зинда хоҳад монд, ва ҷонаш барои вай ғанимат хоҳад гардид.

10 Зеро ки рӯи Худро бар ин шаҳр ба бадӣ, ва на ба некӣ, нигаронидаам, — мегӯяд Худованд. — Он ба дасти подшоҳи Бобил супурда хоҳад шуд, ва ӯ онро ба оташ хоҳад сӯзонид“.

11 Ва ба хонадони подшоҳи Яҳудо: „Каломи Худовандро бишнавед!

12 Эй хонадони Довуд! Худованд чунин мегӯяд:

бомдодон аз рӯи инсоф доварӣ намоед

ва ситамкашро аз дасти ситамгар раҳо кунед;

мабодо ғазаби Ман, ба сабаби бадии аъмоли шумо,

мисли оташ берун омада, аланга занад,

ва касе набошад, ки онро хомӯш кунад“».

13 «Инак, Ман зидди ту ҳастам,

эй сокинаи водӣ ва эй сахраи ҳомун, —

мегӯяд Худованд, — зидди онҳое ки мегӯянд:

„Кист, ки бар мо ҳуҷум оварад,

ва кист, ки ба масканҳои мо дохил шавад?“

14 Валекин Ман мувофиқи самари аъмолатон шуморо ҷазо хоҳам дод, — мегӯяд Худованд, —

ва оташе дар ҷангали он хоҳам зад,

ки тамоми гирду атрофи онро хоҳад сӯзонид».

22

БОБИ БИСТУ ДУЮМ

Охири нубувват.

1 Худованд чунин гуфт: «Ба хонаи подшоҳи Яҳудо фурӯд ой ва дар он ҷо ин каломро ба забон бирон,

2 Ва бигӯй: каломи Худовандро бишнав, эй подшоҳи Яҳудо, ки бар тахти Довуд нишастаӣ, — ту, ва бандагони ту, ва қавми ту, ки ба ин дарвоза дохил мешаванд.

3 Худованд чунин мегӯяд: адолат ва инсофро ба амал оваред ва ситамкашро аз дасти ситамгар раҳо кунед; ва ғариб, ятим ва беваро озор надиҳед ва зулм накунед, ва хуни бегуноҳро дар ин макон нарезед.

4 Зеро агар шумо ин каломро ҳақиқатан ба ҷо оваред, он гоҳ подшоҳоне ки бар тахти Довуд менишинанд ва бар аробаҳо ва аспон савор мешаванд, — худашон, ва бандагонашон, ва қавмашон, — ба дарвозаи ин хона дохил хоҳанд шуд.

5 Вале агар шумо ин суханонро нашнавед, ба Зоти Худ қасам мехӯрам, — мегӯяд Худованд, — ки ин хона ба харобазор мубаддал хоҳад шуд.

6 Зеро ки Худованд дар бораи хонаи подшоҳи Яҳудо чунин мегӯяд:

ту барои Ман Ҷилъод ва қуллаи Лубнон будӣ,

аммо ба яқин туро биёбоне мисли

шаҳрҳои ғайримаскун хоҳам гардонид,

7 Ва бар зидди ту харобкунандагонро,

ки ҳар яке бо олоти худ бошад, тақдис хоҳам намуд,

ва онҳо арзҳои гузини туро бурида, дар оташ хоҳанд андохт.

8 Ва халқҳои бисьёр аз ин шаҳр хоҳанд гузашт ва ба якдигар хоҳанд гуфт: „Аз чӣ сабаб Худованд ба ин шаҳри бузург чунин кардааст?“

9 Ва дар ҷавоб хоҳанд гуфт: „Аз он сабаб, ки аҳди Худованд Худои худро тарк кардаанд, ва ба худоёни дигар саҷда ва ибодат намудаанд“».

10 Барои мурда гирья накунед ва барои ӯ мотам нагиред,

балки барои касе ки меравад, зор‐зор бигирьед,

зеро ки ӯ дигар нахоҳад баргашт

ва замини зодгоҳи худро нахоҳад дид.

11 Зеро Худованд дар бораи Шаллум ибни Йӯшиё, подшоҳи Яҳудо, ки ба ҷои падараш Йӯшиё подшоҳ шуда, аз он макон берун рафтааст, чунин мегӯяд: «Ӯ дигар ба он ҷо нахоҳад баргашт,

12 Балки дар маконе ки ӯро ба асирӣ бурдаанд, хоҳад мурд ва ин заминро дигар нахоҳад дид».

13 «Вой бар касе ки хонаи худро ба ноинсофӣ,

ва болохонаҳояшро ба беадолатӣ бино мекунад:

ёри худро муфт кор фармуда, музди варо намедиҳад,

14 Ва мегӯяд: „Барои худ хонаи калон

ва болохонаҳои фарох бино мекунам“, —

ва тирезаҳо барои худ мекушояд,

ва онҳоро бо чӯби арз рӯйбаст менамояд ва бо шангарф ранг мекунад.

15 Оё ба он сабаб, ки аз арз биноҳо месозӣ, ту подшоҳӣ хоҳӣ кард?

Падарат, охир, мехӯрд ва менӯшид,

вале адолат ва инсофро риоя менамуд,

бинобар ин аҳволаш хуб буд.

16 Ӯ ба мискин ва бенаво додрасӣ мекард, бинобар ин аҳволаш хуб буд.

Маҳз ҳамин аст шинохтани Ман, — мегӯяд Худованд.

17 Аммо чашмони ту ва дили ту фақат ба тамаъкорӣ,

ва ба рехтани хуни бегуноҳон,

ва ба зулму ситам кардан нигаронида шудааст».

18 Бинобар ин Худованд дар бораи Еҳӯёқим ибни Йӯшиё подшоҳи Яҳудо чунин мегӯяд:

«Барои ӯ навҳа нахоҳанд кард:

„Эй вой бародарам!“ ва „Эй вой хоҳарам!“

Барои ӯ навҳа нахоҳанд кард:

„Эй вой оғо!“ ва „Эй вой кибриё!“

19 Мисли дафни хар мадфун хоҳад шуд:

ҷасадашро кашида бароварда,

дуртар аз дарвозаи Ерусалим хоҳанд партофт».

20 «Бар Лубнон баромада, фарьёд зан,

ва бар Бошон овозатро баланд кун, ва аз Аборим фарьёд зан,

зеро ки ҳамаи дӯстдоронат шикаст хӯрдаанд.

21 Дар вақти некрӯзият туро таъкид карда будам,

аммо ту гуфтӣ:

„Нахоҳам шунид!“

Роҳи ту аз ҷавоният ҳамин буд, ки овози Маро нашнавӣ.

22 Ҳамаи чӯпонони туро бод хоҳад бурд,

ва дӯстдорони ту ба асирӣ хоҳанд рафт;

он гоҳ аз тамоми шарорати худ хиҷил ва шармсор хоҳӣ шуд.

23 Эй, ки бар Лубнон нишастаӣ, ва бар арзҳо лона сохтаӣ!

Вақте ки дардҳо мисли азоби зане ки мезояд,

туро фаро гирад, чӣ қадар оҳу воҳ хоҳӣ кард!»

24 «Ба ҳаёти Ман қасам, — мегӯяд Худованд, — ки агарчи Коньё ибни Еҳӯёқим подшоҳи Яҳудо нигине бар дасти рости Ман мебуд, аз он ҷо ҳам туро мекандам.

25 Ва Ман туро ба дасти толибони ҷонат ва ба дасти касоне ки аз онҳо метарсӣ, ба дасти Набукаднесар подшоҳи Бобил ва ба дасти калдониён хоҳам супурд.

26 Ва ту ва модари туро, ки туро зоидааст, ба замини дигаре ки дар он ҷо зоида нашудаед, хоҳам андохт, ва шумо дар он ҷо хоҳед мурд.

27 Ва ба замине ки ҷонашон орзу дорад ба он ҷо баргарданд, нахоҳанд баргашт».

28 Оё ин шахс, Коньё, ҳайкали манфури шикастаест,

ё зарфи нодаркорест?

Чаро онҳо — ӯ ва насли ӯ — дур андохта,

ба замине ки намедонистанд, партофта шудаанд?

29 Эй замин, эй замин, эй замин!

Каломи Худовандро бишнав!

30 Худованд чунин мегӯяд:

«Ин шахсро безоту зуриёт,

марди дар умраш комьёбнашудае бинависед,

зеро ки касе аз наслаш комьёб шуда,

бар тахти Довуд нахоҳад нишаст

ва дар Яҳудо дигар салтанат нахоҳад ронд».

23

БОБИ БИСТУ СЕЮМ

Дар оянда аз нав барқарор шудани Исроил.

Ғазаби Худо бар чӯпонони бевафо.

1 «Вой бар чӯпононе ки гӯсфандони рамаи Маро гумроҳ ва пароканда мекунанд!» — мегӯяд Худованд.

2 Бинобар ин Худованд, Худои Исроил ба чӯпононе ки қавми маро мечаронанд, чунин мегӯяд: «Шумо рамаи Маро пароканда намудаед ва бадар рондаед, ва ба онҳо нигоҳубин накардаед, — инак, Ман шуморо барои корҳои бадатон ҷазо хоҳам дод, — мегӯяд Худованд.

3 Ва Ман бақияи рамаи Худро аз ҳамаи заминҳое ки ба он ҷо бадар рондаам, ҷамъ хоҳам кард, ва онҳоро ба чарогоҳҳошон хоҳам баргардонид, ва онҳо борвар ва афзун хоҳанд шуд.

4 Ва бар онҳо чӯпононро таъин хоҳам намуд, ки онҳоро бичаронанд; ва онҳо дигар ҳаросон ва мушавваш ва саргум нахоҳанд шуд, — мегӯяд Худованд.

5 Инак, айёме фаро мерасад, — мегӯяд Худованд, —

ки Ман Шохаи одиле барои Довуд барқарор хоҳам намуд,

ва Подшоҳе салтанат хоҳад ронд, ва хирадмандона рафтор хоҳад намуд,

ва инсофу адолатро дар замин ба амал хоҳад овард.

6 Дар айёми Ӯ Яҳудо наҷот хоҳад ёфт,

ва Исроил дар амният сокин хоҳад шуд;

ва ин аст исми Ӯ, ки бо он хонда хоҳад шуд:

„Худованд — адолати мо“.

7 Бинобар ин, инак, айёме фаро мерасад, — мегӯяд Худованд, — ки дигар гуфта нахоҳад шуд: „Қасам ба ҳаёти Худованд, ки банӣ‐Исроилро аз замини Миср берун овард“,

8 Балки: „Қасам ба ҳаёти Худованд, ки банӣ‐Исроилро аз замини шимолӣ ва аз ҳамаи заминҳое ки онҳоро ба он ҷо бадар ронда буд, берун овард“; ва онҳо дар замини худ сокин хоҳанд шуд».

9 Дар бораи анбиё.

Дили ман андаруни ман шикастааст,

ҳамаи устухонҳои маро ларза гирифтааст;

мисли шахси масте гардидаам,

ва мисли марде ки шароб бар вай ғолиб омада бошад;

ин ҳама аз баҳри Худованд аст,

аз баҳри суханони муқаддаси Ӯ:

10 Зеро ки замин аз зинокорон пур шудааст;

зеро ки замин аз боиси лаънат мотам гирифтааст,

ва чарогоҳҳои биёбон хушкидааст;

зеро ки шарорат иштиёқи онҳост,

ва кизб қуввати онҳост.

11 «Зеро ки ҳам набӣ ва ҳам коҳин риёкорӣ мекунанд;

ҳатто дар хонаи Худ шарорати онҳоро ёфтаам,

— мегӯяд Худованд. —

12 Бинобар ин, роҳашон барои онҳо

мисли ҷойҳои лағжонак дар торикӣ хоҳад буд;

Онҳоро тела хоҳанд дод, ва онҳо дар он ҷо хоҳанд афтод,

зеро ки Ман бар онҳо мусибате дар соли ҷазояшон хоҳам овард.

13 Ва Ман дар миёни анбиёи Сомария чизҳои ҳеҷу пучро дидаам:

онҳо ба исми Баал нубувват карда, қавми Ман — Исроилро дар иштибоҳ андохтаанд.

14 Валекин дар миёни анбиёи Ерусалим чизҳои зиштро мебинам:

онҳо ба зино дода мешаванд ва дар кизб роҳ мераванд,

ва дастҳои шариронро тақвият менамоянд,

бе он ки ҳар яке аз шарорати худ баргарданд;

ҳамаи онҳо дар назари Ман мисли Садӯм,

ва сокинони он мисли Амӯро гардидаанд».

15 Бинобар ин Худованди лашкарҳо дар бораи анбиё чунин мегӯяд:

«Инак, Ман онҳоро явшон хоҳам хӯронид,

ва онҳоро оби заҳрдор хоҳам нӯшонид,

зеро ки аз анбиёи Ерусалим риё дар тамоми замин паҳн шудааст».

16 Худованди лашкарҳо чунин мегӯяд:

«Ба суханони анбиё, ки барои шумо нубувват мекунанд, гӯш надиҳед:

онҳо шуморо дар иштибоҳ андохта, рӯъёи дили худро баён менамоянд,

на он чиро, ки аз даҳони Худо бошад.

17 Ба бадгӯёни Ман ҳамеша мегӯянд:

„Худованд гуфт, ки барои шумо осоиштагӣ хоҳад буд“.

Ва ба ҳамаи онҳое ки ба саркашии дили худ рафтор мекунанд, мегӯянд:

„Мусибате бар шумо нахоҳад омад“».

18 Зеро, кист, ки дар машварати Худованд истода,

каломи Ӯро дида ва шунида бошад?

Кист, ки ба каломи Ӯ гӯш дода ва сарфаҳм рафта бошад?

19 Инак, тундбоде бошиддат вазида, хашми Худованд берун омадааст,

ва тундбод чарх зада,

бар сари шарирон фурӯд хоҳад омад.

20 Оташи ғазаби Худованд,

то Ӯ муродоти дили Худро ба амал наоварад ва иҷро накунад, фурӯ нахоҳад нишаст;

дар оянда шумо инро ба хубӣ фаҳм хоҳед кард.

21 «Ин анбиёро Ман нафиристодаам, балки худашон давидаанд;

ба онҳо сухане нагуфтаам, балки худашон нубувват кардаанд.

22 Ва агар онҳо дар машварати Ман меистоданд,

мебоист суханони Маро ба қавми Ман мефаҳмонданд,

ва онҳоро аз роҳи бадашон

ва аз аъмоли шариронаашон мегардонданд.

23 Оё Ман фақат аз наздик Худо ҳастам, — мегӯяд Худованд, —

ва аз дур Худо нестам?

24 Агар касе дар ҷои махфие пинҳон шавад,

оё Ман варо намебинам? — мегӯяд Худованд.

Оё Ман замин ва осмонро пур намекунам? — мегӯяд Худованд.

25 Он чиро, ки ин анбиё ба исми Ман бардурӯғ нубувват кардаанд, шунидаам;

онҳо мегӯянд: „Хоб дидаам, хоб дидаам“.

26 То ба кай ин дар дили анбиёе ки бардурӯғ нубувват мекунанд ва анбиёи фиреби дили худ мебошанд, хоҳад буд,

27 Ки онҳо ба воситаи хобҳои худ, ки ба ҳамдигар нақл мекунанд, мехоҳанд қавми Маро ба фаромӯш кардани исми Ман оварда расонанд, чунон ки падарони онҳо исми Маро аз барои Баал фаромӯш карданд?

28 Набие ки хоб дида бошад, бигзор хобашро нақл кунад, ва касе ки каломи Ман дар ӯст, каломи Маро ба ростӣ баён намояд; коҳро бо гандум чӣ кор аст? — мегӯяд Худованд.

29 Каломи Ман, охир, мисли оташ аст, — мегӯяд Худованд, — ва мисли болға сахраро пора‐пора мекунад.

30 Бинобар ин, инак, Ман, — мегӯяд Худованд, — зидди анбиёе ҳастам, ки суханони Маро аз ҳамдигар медузданд.

31 Инак, Ман, — мегӯяд Худованд, — зидди анбиёе ҳастам, ки забони худро ба кор андохта, нутқ эрод мекунанд.

32 Инак, Ман, — мегӯяд Худованд, — зидди онҳое ҳастам, ки дар асоси хобҳои дурӯғ нубувват мекунанд, ва он хобҳоро нақл намуда, қавми Маро бо дурӯғгӯиҳо ва бемулоҳизагии худ дар иштибоҳ меандозанд, ва ҳол он ки Ман онҳоро нафиристодаам ва амр нафармудаам, ва онҳо ба ин қавм ҳеҷ манфиате нахоҳанд расонид, — мегӯяд Худованд.

33 Ва агар ин қавм, ё набӣ, ё коҳин аз ту пурсида, гӯянд: „Бори+ 23:33 Дар нусхаи асли ибронӣ калимаи «массо» ба кор бурда шудааст, ки маънояш ҳам «ваҳй» аст ва ҳам «бор». Агарчи лозим аст, ки «ваҳйи Худованд» гӯянд, аммо анбиёи козиб барои истеҳзо кардан маънои дуюми калимаро ба забон оварда, «бори Худованд» мегӯянд. Худованд чист?“ — пас ба онҳо бигӯй: „Кадом бор? Ман шуморо тарк хоҳам кард, — мегӯяд Худованд“.

34 Ва ҳар гоҳ набӣ ва коҳин ва қавм бигӯянд: „Бори Худованд“, — Ман он шахс ва хонаи вайро гирифтори ҷазо хоҳам кард.

35 Ҳар яке ба ёри худ ва бародари худ чунин бигӯед: „Худованд чӣ ҷавобе додааст?“ ва „Худованд чӣ гуфтааст?“

36 Валекин „бори Худованд“‐ро дигар зикр накунед, зеро ки бор барои кас сухане ки вай мегӯяд, хоҳад буд, ва ҳол он ки шумо суханони Худои Ҳай, Худованди лашкарҳо, Худои моро таҳриф намудаед.

37 Ба набӣ чунин бигӯй: „Худованд ба ту чӣ ҷавобе додааст?“ ва „Худованд чӣ гуфтааст?“

38 Ва агар „бори Худованд“ бигӯед, пас Худованд чунин мегӯяд: азбаски шумо ин суханро, яъне „бори Худованд“‐ро гуфтаед, дар сурате ки Ман назди шумо фиристода, фармудаам, ки „бори Худованд“ нагӯед, —

39 Бинобар ин инак, Ман шуморо тамоман фаромӯш хоҳам кард, ва шумо ва он шаҳреро, ки ба шумо ва падаронатон додаам, аз ҳузури Худ рад хоҳам намуд;

40 Ва нанги абадӣ ва хиҷолати абадиро бар шумо хоҳам овард, ки он фаромӯш нахоҳад шуд».

24

БОБИ БИСТУ ЧОРУМ

Масал дар бораи анҷирҳои нек ва бад.

Як қисми Яҳудо аз нав барқарор хоҳад шуд.

1 Худованд ба ман намоён кард: ва инак, ду сабад анҷир пеши маъбади Худованд гузошта шудааст, — пас аз он ки Набукаднесар, подшоҳи Бобил, Еконьё ибни Еҳӯёқим подшоҳи Яҳудоро бо мирони Яҳудо ва ҳунармандон ва оҳангарон аз Ерусалим асир карда, ба Бобил бурд.

2 Дар як сабад анҷири бағоят нек мисли анҷири пешпазак буд, ва дар сабади дуюм анҷири бағоят бад буд, ки ба сабаби бадии он хӯрдан мумкин набуд.

3 Ва Худованд ба ман гуфт: «Ту, эй Ирмиё, чӣ мебинӣ?» Ва ман гуфтам: «Анҷир! Анҷирҳои нек бағоят нек аст, ва анҷирҳои бад бағоят бад аст, ки ба сабаби бадии он хӯрдан мумкин нест».

4 Ва каломи Худованд бар ман нозил шуда, гуфт:

5 «Худованд, Худои Исроил чунин мегӯяд: чунон ки ин анҷирҳо нек аст, ончунон Ман асирони Яҳудоро, ки аз ин макон ба замини калдониён фиристодаам, ба некӣ хоҳам шинохт;

6 Ва бар онҳо ба некӣ назар хоҳам кард, ва онҳоро ба ин замин хоҳам баргардонид, ва онҳоро бино намуда, хароб нахоҳам кард, ва мисли ниҳоле шинонида, решакан нахоҳам кард;

7 Ва диле ба онҳо хоҳам бахшид, то Маро бишносанд, ки Ман Худованд ҳастам, ва онҳо қавми Ман хоҳанд буд, ва Ман Худои онҳо хоҳам буд, зеро ки онҳо бо тамоми дили худ сӯи Ман хоҳанд баргашт.

8 Ва чунон ки анҷирҳои бадро ба сабаби бадии онҳо хӯрдан мумкин нест, — мегӯяд Худованд, — ончунон Ман Сидқиё подшоҳи Яҳудо ва мирони ӯ ва бақияи Ерусалимро, ки дар ин замин боқӣ мондаанд, ва онҳоеро, ки дар замини Миср сокинанд, хоҳам гардонид;

9 Ва онҳоро барои ҳамаи мамлакатҳои замин ба даҳшат ва мусибат, ва дар ҳамаи маконҳое ки онҳоро ба он ҷо бадар рондаам, ба нанг ва масал, ба масхара ва лаънат табдил хоҳам дод;

10 Ва ба зидди онҳо шамшер, қаҳтӣ ва ваборо хоҳам фиристод, то аз замине ки ба онҳо ва падаронашон додаам, нест шаванд».

25

БОБИ БИСТУ ПАНҶУМ

Нубувват дар бораи асирии ҳафтодсола.

Таназзули Бобил.

1 Каломе ки бар Ирмиё дар бораи тамоми қавми Яҳудо дар соли чоруми Еҳӯёқим ибни Йӯшиё подшоҳи Яҳудо, ки соли якуми Набукаднесар подшоҳи Бобил буд, нозил шуд,

2 Ки онро Ирмиёи набӣ ба тамоми қавми Яҳудо ва ба ҳамаи сокинони Ерусалим баён намуда, гуфт:

3 «Аз соли сездаҳуми Йӯшиё ибни Омӯн подшоҳи Яҳудо ва то имрӯз, яъне бисту се сол боз, каломи Худованд бар ман нозил мешуд, ва ман онро ба шумо мегуфтам, ҳар рӯз аз субҳидам сухан мерондам, валекин шумо нашнидед.

4 Ва Худованд ҳамаи бандагони Худ — анбиёро назди шумо фиристод, ҳар рӯз аз субҳидам мефиристод, вале шумо нашнидед ва гӯши худро хам накардед, то бишнавед

5 Он чиро, ки ба шумо гуфта шуд: „Ҳар яке аз роҳи бади худ ва аз аъмоли шариронаи худ баргардед, ва ба замине ки Худованд ба шумо ва падаронатон аз азал то абад додааст, сукунат кунед;

6 Ва аз қафои худоёни дигар наравед, то ки ба онҳо ибодат ва саҷда намоед; ва Маро бо маснӯи дастҳои худ ба ғазаб наоваред, ва Ман ба шумо осебе нахоҳам расонид“.

7 Валекин шумо Маро нашнидед, — мегӯяд Худованд, — балки бо маснӯи дастҳои худ Маро ба зарари худ ба ғазаб овардед.

8 Бинобар ин Худованди лашкарҳо чунин мегӯяд: азбаски шумо суханони Маро нашнидед,

9 Инак, Ман мефиристам ва ҳамаи қабилаҳои шимолро бо бандаи Худ Набукаднесар подшоҳи Бобил гирифта, онҳоро бар ин замин ва бар сокинонаш ва бар ҳамаи халқҳои гирду атрофи он меоварам; ва онҳоро талаф намуда, даҳшат ва масхара ва харобазори абадӣ мегардонам.

10 Ва аз миёни онҳо садои шодӣ ва садои хурсандӣ, овози домод ва овози арӯс, садои дастос ва нури чароғро нест мекунам.

11 Ва тамоми ин замин вайрона ва биёбон хоҳад шуд; ва ин халқҳо ҳафтод сол ба подшоҳи Бобил бандагӣ хоҳанд кард.

12 Ва воқеъ хоҳад шуд, ки баъд аз гузаштани ҳафтод сол Ман, — мегӯяд Худованд, — подшоҳи Бобил ва он қавм ва замини калдониёнро барои гуноҳашон гирифтори ҷазо хоҳам кард, ва онро биёбони абадӣ хоҳам гардонид.

13 Ва бар он замин Ман ҳамаи суханони Худро, ки дар бораи он гуфтаам, яъне ҳар чи дар ин китоб навишта шудааст, ки Ирмиё онро дар бораи ҳамаи халқҳо нубувват кардааст, ба амал хоҳам овард,

14 Зеро ки онҳоро низ халқҳои бисьёр ва подшоҳони бузург гирифтори асорат хоҳанд кард; ва Ман подоши онҳоро мувофиқи кирдорашон ва бар тибқи амали дастҳошон хоҳам дод».

Масал дар бораи косаи шароби ғазаб.

15 Зеро ки Худованд, Худои Исроил ба ман чунин гуфт: «Ин косаи шароби ғазабро аз дасти Ман бигир ва онро ба ҳамаи халқҳое ки туро назди онҳо мефиристам, бинӯшон,

16 То онҳо нӯшида, аз шамшере ки андаруни онҳо мефиристам, ба изтироб оянд ва девона шаванд».

17 Ва ман косаро аз дасти Худованд гирифтам ва ба ҳамаи халқҳое ки Худованд маро назди онҳо фиристод, нӯшонидам:

18 Ба Ерусалим ва шаҳрҳои Яҳудо, ва ба подшоҳонаш ва миронаш, то ки онҳоро вайронаю валангор ва мавриди масхараю лаънат гардонам, чунон ки имрӯз аст;

19 Ва ба фиръавн подшоҳи Миср ва бандагонаш ва миронаш ва тамоми қавмаш;

20 Ва ба тамоми халқи махлут, ва ба ҳамаи подшоҳони замини Ус, ва ба ҳамаи подшоҳони замини Фалиштӣ, ва ба Ашқалӯн ва Ғазза ва Эқрӯн ва бақияи Ашдӯд;

21 Ва ба Адӯм ва Мӯоб ва банӣ‐Аммӯн;

22 Ва ба ҳамаи подшохони Сӯр, ва ба ҳамаи подшоҳони Сидӯн, ва ба ҳамаи подшоҳони ҷазираҳое ки дар он тарафи баҳр воқеанд;

23 Ва ба Дадон ва Темо ва Буз, ва ба ҳамаи онҳое ки мӯи чаккаи худро метарошанд;

24 Ва ба ҳамаи подшоҳони араб, ва ба ҳамаи подшоҳони халқҳои махлут, ки дар биёбон сокинанд;

25 Ва ба ҳамаи подшоҳони Зимрӣ, ва ба ҳамаи подшоҳони Элом, ва ба ҳамаи подшоҳони Модай;

26 Ва ба ҳамаи подшоҳони шимолии наздик ва дур яке аз паси дигаре, ва ба ҳамаи мамлакатҳои ҷаҳон, ки бар рӯи замин мебошанд; ва подшоҳи Шешак баъд аз онҳо хоҳад нӯшид.

27 Ва ба онҳо бигӯй: «Худованди лашкарҳо, Худои Исроил чунин мегӯяд: бинӯшед, ва маст шавед ва қай кунед, ва биафтед, ва аз шамшере ки Ман ба миёни шумо мефиристам, барнахезед».

28 Ва агар онҳо аз гирифтани коса аз дасти ту ва нӯшидани он шароб рӯй гардонанд, он гоҳ ба онҳо бигӯй: «Худованди лашкарҳо чунин мегӯяд: ҳатман хоҳед нӯшид!

29 Зеро инак, Ман ба овардани мусибат бар шаҳре ки ба исми Ман номида шудааст, шурӯъ хоҳам кард, ва оё шумо беҷазо хоҳед монд? Беҷазо нахоҳед монд! Зеро Ман бар ҳамаи сокинони замин шамшерро хоҳам хонд, — мегӯяд Худованди лашкарҳо».

30 Пас ту дар ҳаққи ҳамаашоно ҳамаи ин суханонро нубувват намо, ва ба онҳо бигӯй:

«„Худованд аз афроз ғурриш мекунад,

ва аз маскани муқаддаси Худ овози Худро мебарорад;

бар чарогоҳи Худ бошиддат ғурриш мекунад;

мисли онҳое ки ангур пахш мекунанд,

бар ҳамаи сокинони замин бонг мезанад.

31 Ғулғулаи он то ақсои замин мерасад,

зеро ки Худованд ба халқҳо даъво дорад:

Ӯ бар ҳар башар доварӣ менамояд,

шариронро ба дами шамшер месупорад, — мегӯяд Худованд“.

32 Худованди лашкарҳо чунин мегӯяд:

инак, мусибат аз халқе ба халқе мегузарад,

ва тундбоди азиме аз ақсои замин бармехезад.

33 Ва дар он рӯз мақтулони Худованд аз як канори замин то канори дигари замин хоҳанд буд; барои онҳо мотам нахоҳанд гирифт, ва онҳоро ҷамъ нахоҳанд кард ва дафн нахоҳанд намуд: онҳо мисли ахлоте бар рӯи замин хоҳанд буд.

34 Нола кунед, эй чӯпонон!

Фиғон кашида, бар хокистар ғел занед, эй пешвоёни рама!

Зеро ки айёми қатли шумо расидааст,

ва Ман шуморо шикаста пора‐пора хоҳам кард,

ва мисли зарфи гаронбаҳое хоҳед афтод.

35 Ва паноҳгоҳе барои чӯпонон,

ва наҷоте барои пешвоёни рама нахоҳад буд.

36 Садои фиғони чӯпонон ва нолаи пешвоёни рама

ба гӯш мерасад,

зеро ки Худованд чарогоҳи онҳоро валангор кардааст.

37 Ва иқоматгоҳҳои осоиштагӣ

аз шиддати ғазаби Худованд хароб шудааст.

38 Ӯ мисли шери ҷавон лонаи Худро тарк кардааст;

зеро ки замини онҳо аз хашми ситамгар

ва аз оташи ғазаби Ӯ биёбон гардидааст».

26

БОБИ БИСТУ ШАШУМ

Ирмиё дар саҳни маъбад ба тавба даъват менамояд.

1 Дар ибтидои подшоҳии Еҳӯёқим ибни Йӯшиё подшоҳи Яҳудо ин калом аз ҷониби Худованд нозил шуда, гуфт:

2 «Худованд чунин мегӯяд: дар саҳни хонаи Худованд биист ва ба ҳамаи шаҳрҳои Яҳудо, ки ба хонаи Худо барои саҷда кардан меоянд, ҳамаи суханонеро, ки ба ту амр фармудаам, ки ба онҳо бигӯӣ, бигӯй, ва калимае кам накун.

3 Шояд онҳо бишнаванд ва ҳар яке аз роҳи бади худ баргарданд, ва он гоҳ Ман мусибатеро, ки мехоҳам бар онҳо барои аъмоли бадашон биёрам, ботил хоҳам кард.

4 Ва ба онҳо бигӯй: „Худованд чунин мегӯяд: агар шумо Маро нашнавед дар бораи он ки бар тибқи шариати Ман, ки пеши шумо гузоштаам, рафтор намоед,

5 Ва ба суханони бандагони Ман, анбиёе ки назди шумо мефиристам, гӯш андозед, — ва ҳол он ки ҳар рӯз аз субҳидам онҳоро мефиристам, вале шумо гӯш наандохтаед, —

6 Пас ин хонаро Ман мисли Шилӯ хоҳам гардонид, ва ин шаҳрро барои ҳамаи халқҳои замин рамзи лаънат хоҳам сохт“».

7 Ва коҳинон ва анбиё ва тамоми қавм ин суханонро, ки Ирмиё дар хонаи Худованд гуфт, шуниданд.

8 Ва чун Ирмиё гуфтани ҳар он чиро, ки Худованд амр фармуда буд, ки ба тамоми халқ бигӯяд, ба итмом расонид, коҳинон ва анбиё ва тамоми қавм ӯро дастгир карда, гуфтанд: «Ту бояд бимирӣ!

9 Чаро ту ба исми Худованд нубувват карда гуфтӣ, ки ин хона мисли Шилӯ хоҳад шуд, ва ин шаҳр валангор ва ғайримаскун хоҳад гардид?» Ва тамоми қавм дар хонаи Худованд дар гирди Ирмиё ҷамъ омаданд.

10 Ва ҳангоме ки мирони Яҳудо ин чизҳоро шуниданд, аз хонаи подшоҳ баромада, ба даҳани дарвозаи нави хонаи Худованд нишастанд.

11 Ва коҳинон ва анбиё ба мирон ва тамоми қавм рӯ оварда, гуфтанд: «Ин шахс сазовори ҳукми қатл аст, зеро ки дар ҳаққи ин шаҳр нубувват намуд, чунон ки ба гӯшҳои худ шунидед».

12 Валекин Ирмиё ба ҳамаи мирон ва тамоми қавм хитоб намуда, гуфт: «Худованд маро фиристодааст, то дар ҳаққи ин хона ва ин шаҳр ҳамаи суханонеро, ки шунидед, нубувват намоям.

13 Ва акнун роҳҳои худ ва аъмоли худро ислоҳ намоед ва овози Худованд Худои худро бишнавед, ва он гоҳ Худованд аз мусибате ки дар бораи шумо фармудааст, пушаймон хоҳад шуд.

14 Дар хусуси ман бошад, инак, ман дар дасти шумо ҳастам: он чи ба назари шумо дуруст ва ҳаққонӣ намояд, бо ман бикунед.

15 Аммо яқинан бидонед, ки агар шумо маро ба қатл расонед, хуни бегуноҳеро шумо бар худатон ва бар ин шаҳр ва бар сокинони он хоҳед гузошт, зеро ки ба ростӣ Худованд маро фиристодааст, то ки ҳамаи ин суханонро ба гӯши шумо баён намоям».

16 Он гоҳ мирон ва тамоми қавм ба коҳинон ва анбиё гуфтанд: «Ин шахс сазовори ҳукми қатл нест, зеро ки ба исми Худованд Худои мо ба мо сухан рондааст».

17 Ва баъзе аз пирони замин бархостанд ва ба тамоми ҷамъомади қавм рӯ оварда, гуфтаанд:

18 «Михои Мӯраштӣ дар айёми Ҳизқиё подшоҳи Яҳудо нубувват кард ва ба тамоми қавми Яҳудо хитоб намуда, гуфт:

„Худованди лашкарҳо чунин мегӯяд:

Сион мисли саҳро шудгор карда хоҳад шуд,

ва Ерусалим ба харобазор табдил хоҳад ёфт,

ва кӯҳи хонаи Худованд — ба теппаҳои дарахтзор“.

19 Оё Ҳизқиё подшоҳи Яҳудо ва тамоми Яҳудо ӯро қатл карданд? Не, вай аз Худованд тарсид ва пеши Худованд тазаррӯъ намуд, ва Худованд аз мусибате ки дар бораи онҳо фармуда буд, пушаймон шуд; валекин мо мусибати азиме бар ҷонҳои худ меоварем!»

Мамоти Уриёи набӣ.

20 Боз Уриё ибни Шамаъё ном шахси дигаре аз Қирьят‐Еорим буд, ки ба исми Худованд нубувват менамуд, ва дар бораи ин шаҳр ва ин замин айнан мисли суханони Ирмиё нубувват кард.

21 Ва ҳангоме ки подшоҳ Еҳӯёқим, ва тамоми акобираш, ва ҳамаи мирон суханони ӯро шуниданд, подшоҳ хост ӯро ба қатл расонад; ва Уриё инро шунида, тарсид ва гурехта, ба Миср рафт.

22 Ва подшоҳ Еҳӯёқим ба Миср одам фиристод: Элнотон ибни Акбӯр ва чанд касро бо вай ба Миср равона кард.

23 Ва онҳо Уриёро аз Миср бароварданд, ва ӯро назди подшоҳ Еҳӯёқим оварданд, ва ӯро вай ба дами шамшер қатл кард, ва ҷасади ӯро дар қабристони мардуми оддӣ партофт.

24 Аммо дасти Аҳиқом ибни Шофон бо Ирмиё буд, то ки ӯро ба дасти қавм барои куштан насупорад.

27

БОБИ БИСТУ ҲАФТУМ

Масал дар бораи юғ.

1 Дар ибтидои подшоҳии Еҳӯёқим ибни Йӯшиё подшоҳи Яҳудо ин калом бар Ирмиё аз ҷониби Худованд нозил шуда, гуфт:

2 Худованд ба ман чунин гуфт: «Бандҳо ва юғҳо барои худ бисоз, ва онҳоро бар гардани худ бимон.

3 Ва онҳоро назди подшоҳи Адӯм, ва подшоҳи Мӯоб, ва подшоҳи банӣ‐Аммӯн, ва подшоҳи Сӯр, ва подшоҳи Сидӯн ба воситаи қосидоне ки ба Ерусалим назди Сидқиё подшоҳи Яҳудо меоянд, бифирист.

4 Ва ба онҳо амр фармо, ки ба оғоёин худ бигӯянд: „Худованди лашкарҳо, Худои Исроил чунин мегӯяд: ба оғоёни худ чунин бигӯед:

5 Ман замин, одамизод ва чорпоёнеро, ки бар рӯи заминанд, бо қудрати азими Худ ва бозуи тӯлонии Худ ба вуҷуд овардам, ва онро ба касе ки дар назари Ман писанд омад, додам.

6 Ва алҳол Ман ҳамаи ин заминҳоро ба дасти бандаи Худ Набукаднесар подшоҳи Бобил супурдам; ва ҳайвоноти саҳроро низ ба ӯ додам, то ки хизмати ӯро ба ҷо оваранд.

7 Ва ҳамаи халқҳо ба ӯ, ва ба писараш, ва ба писари писараш хизмат хоҳанд кард, то замоне ки навбати замини ӯ низ бирасад, ва он гоҳ халқҳои бисьёр ва подшоҳони бузург ӯро бандаи худ хоҳанд гардонид.

8 Ва агар халқе ва мамлакате ба ӯ, яъне ба Набукаднесар подшоҳи Бобил хизмат кардан нахоҳанд, ва гардани худро зери юғи подшоҳи Бобил хам накунанд, Ман, — мегӯяд Худованд, — он халқро бо шамшер, қаҳтӣ ва вабо ҷазо хоҳам дод, то онҳоро бо дасти ӯ талаф намоям.

9 Ва шумо ба анбиёи худ, ва ба соҳирони худ, ва ба хобгузорони худ, ва ба фолбинони худ, ва ба ҷодугарони худ, ки ба шумо мегӯянд: «Ба подшоҳи Бобил хизмат нахоҳед кард», — гӯш надиҳед,

10 Зеро онҳо ба шумо бардурӯғ нубувват мекунанд, то ки шуморо аз заминатон дур созанд, ва Ман шуморо бадар ронам, ва шумо талаф шавед.

11 Валекин халқе ки гардани худро зери юғи подшоҳи Бобил хам карда, ба ӯ хизмат мекунанд, Ман, — мегӯяд Худованд, — онҳоро бар заминашон хоҳам гузошт, ва онҳо онро киштукор хоҳанд кард ва дар он сокин хоҳанд шуд“».

12 Ва ба Сидқиё подшоҳи Яҳудо ман ҳамаи ин суханонро ба забон оварда, гуфтам: «Гардани худро зери юғи подшоҳи Бобил хам кунед, ва ба ӯ ва қавми ӯ хизмат кунед, — ва зинда хоҳед монд.

13 Чаро ту ва қавми ту аз шамшер, қаҳтӣ ва вабо бимиред, чунон ки Худованд дар бораи халқе ки ба подшоҳи Бобил хизмат нахоҳанд кард, гуфтааст?

14 Ва ба суханони анбиёе ки ба шумо мегӯянд: „Ба подшоҳи Бобил хизмат нахоҳед кард“, гӯш надиҳед, чунки онҳо ба шумо бардурӯғ нубувват мекунанд.

15 Зеро Ман онҳоро нафиристодаам, — мегӯяд Худованд, — балки онҳо ба исми Ман бардурӯғ нубувват мекунанд, то ки Ман шуморо бадар ронам, ва шумо талаф шавед, — шумо ва анбиёе ки ба шумо нубувват мекунанд».

16 Ва ба коҳинон ва тамоми ин қавм ман рӯ оварда, гуфтам: «Худованд чунин мегӯяд: ба суханони анбиёи худ, ки ба шумо нубувват карда, мегӯянд: „Инак, зарфҳои хонаи Худованд акнун ба зудӣ аз Бобил баргардонида хоҳад шуд“, гӯш надиҳед, зеро ки онҳо ба шумо бардурӯғ нубувват мекунанд.

17 Ба онҳо гӯш надиҳед, ба подшоҳи Бобил хизмат кунед ва зинда монед; чаро ин шаҳр харобазор шавад?

18 Ва агар онҳо анбиё бошанд, ва агар каломи Худованд бо онҳо бошад, бигзор пеши Худованди лашкарҳо шафоат намоянд, ки зарфҳое ки дар хонаи Худованд, ва дар хонаи подшоҳи Яҳудо, ва дар Ерусалим боқӣ мондааст, ба Бобил бурда нашавад.

19 Зеро ки Худованди лашкарҳо чунин мегӯяд дар бораи сутунҳо ва обанбор ва пояҳо ва дигар зарфҳое ки дар ин шаҳр боқӣ мондааст,

20 Ки онҳоро Набукаднесар подшоҳи Бобил нагирифтааст, ҳангоме ки Еконьё ибни Еҳӯёқим подшоҳи Яҳудо ва ҳамаи мирони Яҳудо ва Ерусалимро аз Ерусалим ба Бобил ба асирӣ бурдааст, —

21 Зеро ки Худованди лашкарҳо, Худои Исроил дар бораи зарфҳое ки дар хонаи Худованд ва дар хонаи подшоҳи Яҳудо ва дар Ерусалим боқӣ мондааст, чунин мегӯяд:

22 Онҳо ба Бобил бурда хоҳад шуд ва то рӯзе ки Ман онҳоро тафаққуд намоям, дар он ҷо хоҳад монд, — мегӯяд Худованд; — ва он гоҳ онҳоро берун оварда, ба ин макон хоҳам баргардонид».

28

БОБИ БИСТУ ҲАШТУМ

Давоми масал дар бораи юғ.

Нубуввати дурӯғи Ҳананьё ва мамоти ӯ.

1 Ва дар ҳамон сол, — дар ибтидои подшоҳии Сидқиё подшоҳи Яҳудо, дар соли чорум, дар моҳи панҷум, — Ҳананьё ибни Азури набӣ, ки аз Ҷибъӯн буд, дар хонаи Худованд, дар пеши назари коҳинон ва тамоми қавм ба ман рӯ оварда, гуфт:

2 «Худованди лашкарҳо, Худои Исроил чунин мегӯяд: юғи подшоҳи Бобилро дарҳам хоҳам шикаст:

3 Баъд аз ду сол Ман ҳамаи зарфҳои хонаи Худовандро, ки Набукаднесар подшоҳи Бобил аз ин макон гирифта ба Бобил бурд, ба ин макон хоҳам баргардонид.

4 Ва Еконьё ибни Еҳӯёқим подшоҳи Яҳудо ва ҳамаи асирони Яҳудоро, ки ба Бобил рафтаанд, Ман ба ин макон хоҳам баргардонид, — мегӯяд Худованд, — зеро ки юғи подшоҳи Бобилро дарҳам хоҳам шикаст».

5 Ва Ирмиёи набӣ ба Ҳананьёи набӣ дар пеши назари коҳинон ва дар пеши назари тамоми қавме ки дар хонаи Худованд истода буданд, гуфт —

6 Ва Ирмиёи набӣ гуфт: «Омин! Бигзор Худованд чунин бикунад! Бигзор Худованд суханони туро, ки бо онҳо нубувват кардӣ, ба амал оварда, зарфҳои хонаи Худованд ва ҳамаи асиронро аз Бобил ба ин макон баргардонад!

7 Аммо ин каломро, ки ман ба гӯши ту ва гӯши тамоми қавм мегӯям, бишнав:

8 Анбиёе ки аз қадимулайём, пеш аз ман ва пеш аз ту буданд, барои заминҳои бисьёр ва мамлакатҳои бузург ҷанг ва мусибат ва ваборо нубувват кардаанд.

9 Аммо набие ки осоиштагиро нубувват мекунад, фақат баъд аз он ки каломи ин набӣ ба амал ояд, ӯ ҳамчун набие шинохта хоҳад шуд, ки ӯро ҳақиқатан Худованд фиристодааст».

10 Он гоҳ Ҳананьёи набӣ юғро аз гардани Ирмиёи набӣ гирифт, ва онро дарҳам шикаст.

11 Ва Ҳананьё дар пеши назари тамоми қавм хитоб намуда, гуфт: «Худованд чунин мегӯяд: юғи Набукаднесар подшоҳи Бобилро баъд аз ду сол аз гардани ҳамаи халқҳо ҳамин тавр дарҳам хоҳам шикаст». Ва Ирмиё ба роҳи худ рафт.

12 Ва баъд аз он ки Ҳананьёи набӣ юғро аз гардани Ирмиёи набӣ гирифта дарҳам шикаст, каломи Худованд бар Ирмиё нозил шуда, гуфт:

13 «Бирав ва ба Ҳананьё бигӯй: „Худованд чунин мегӯяд: юғҳои чӯбинро шикастӣ, вале ба ҷои онҳо юғҳои оҳанин хоҳӣ сохт.

14 Зеро ки Худованди лашкарҳо, Худои Исроил чунин мегӯяд: Ман юғи оҳанин бар гардани ҳамаи ин халқҳо гузоштам, то ки ба Набукаднесар подшоҳи Бобил хизмат кунанд, ва онҳо хизмат хоҳанд кард; ва ҳайвоноти саҳроро низ ба ӯ додам“».

15 Ва Ирмиёи набӣ ба Ҳананьёи набӣ гуфт: «Бишнав, эй Ҳананьё! Худованд туро нафиристодааст, ва ту қавмро бардурӯғ умедвор мекунӣ.

16 Бинобар ин Худованд чунин мегӯяд: „Инак, Ман туро аз рӯи замин дур меандозам! Имсол ту хоҳӣ мурд, зеро ки бар хилофи Худованд сухан рондаӣ“».

17 Ва Ҳананьёи набӣ ҳамон сол, дар моҳи ҳафтум мурд.

29

БОБИ БИСТУ НӮҲУМ

Номаи Ирмиё ба бародароне ки дар асирии Бобил буданд.

1 Ва ин аст суханони номае ки Ирмиёи набӣ аз Ерусалим ба бақияи пирони асирон, ва ба коҳинон ва анбиё ва тамоми қавме ки Набукаднесар аз Ерусалим ба Бобил ба асирӣ бурда буд, фиристод, —

2 Баъд аз он ки подшоҳ Еконьё ва малика ва хоҷасароён, мирони Яҳудо ва Ерусалим, ва ҳунармандон ва оҳангарон аз Ерусалим берун омаданд, —

3 Ба воситаи Элъосо ибни Шофон ва Ҷамарьё ибни Ҳилқиё, ки онҳоро Сидқиё подшоҳи Яҳудо назди Набукаднесар подшоҳи Бобил ба Бобил фиристода буд:

4 «Худованди лашкарҳо, Худои Исроил ба ҳамаи асироне ки Ман аз Ерусалим ба Бобил ба асирӣ фиристодам, чунин мегӯяд:

5 Хонаҳо бино карда, дар онҳо сокин шавед, ва боғҳо парвариш намуда, меваи онҳоро бихӯред.

6 Занон гирифта, писарон ва духтарон ба дуньё оваред, ва занон барои писарони худ бигиред, ва духтарони худро ба шавҳар бидиҳед, то ки писарон ва духтарон ба дуньё оваранд; ва дар он ҷо биафзоед ва кам нашавед.

7 Ва осоиштагии он шаҳрро, ки Ман шуморо ба он ҷо ба асирӣ фиристодаам, биталабед, ва барои он пеши Худованд дуо гӯед, зеро ки дар осоиштагии он барои шумо осоиштагӣ хоҳад буд.

8 Зеро ки Худованди лашкарҳо, Худои Исроил чунин мегӯяд: бигзор анбиёи шумо, ки дар миёни шумо ҳастанд, ва соҳирони шумо шуморо фирефта накунанд, ва ба хобгузорони худ, ки ба дилхоҳи шумо хоб диданашонро мехоҳед, гӯш надиҳед,

9 Чунки онҳо барои шумо бардурӯғ ба исми Ман нубувват мекунанд, дар сурате ки Ман онҳоро нафиристодаам, — мегӯяд Худованд.

10 Зеро ки Худованд чунин мегӯяд: вақте ки ба Бобил ҳафтод сол пур шавад, Ман шуморо тафаққуд хоҳам кард, ва каломи неки Худро дар ҳаққи шумо ба амал хоҳам овард, то ки шуморо ба ин макон баргардонам.

11 Зеро фикрҳоеро, ки Ман дар бораи шумо дорам, Ман медонам, — мегӯяд Худованд, — фикрҳое ки ба осоиштагӣ оид аст, на ба бадӣ, то ки ба шумо ояндаи нек ва умедворӣ бибахшам.

12 Ва шумо Маро хоҳед хонд, ва омада пеши Ман дуо хоҳед гуфт, ва Ман шуморо иҷобат хоҳам намуд.

13 Ва Маро хоҳед ҷуст, ва пайдо хоҳед кард, ба шарте ки бо тамоми дили худ Маро ҷустуҷӯ намоед.

14 Ва Ман барои шумо ёфт хоҳам шуд, — мегӯяд Худованд, — ва шуморо аз асирӣ хоҳам баргардонид, ва шуморо аз миёни ҳамаи халқҳо ва аз ҳамаи маконҳое ки шуморо ба он ҷо бадар рондаам, ҷамъ хоҳам кард, — мегӯяд Худованд, — ва шуморо ба маконе ки аз он ҷо шуморо ба асирӣ фиристодаам, хоҳам баргардонид.

15 Шумо мегӯед: „Худованд барои мо дар Бобил анбиё ба майдон овардааст“.

16 Худованд дар бораи подшоҳе ки бар тахти Довуд нишастааст, ва дар бораи тамоми қавме ки дар ин шаҳр сокинанд, яъне дар бораи бародарони шумо, ки ҳамроҳи шумо ба асирӣ бурда нашудаанд, чунин мегӯяд, —

17 Оре, Худованди лашкарҳо чунин мегӯяд: инак, Ман бар онҳо шамшер ва каҳтӣ ва вабо мефиристам, ва онҳоро мисли анҷирҳои баде ки ба сабаби бадии онҳо хӯрдан мумкин нест, мегардонам;

18 Ва онҳоро бо шамшер, қаҳтӣ ва вабо таъқиб хоҳам намуд, ва онҳоро барои ҳамаи мамлакатҳои замин ба даҳшат, ва дар миёни ҳамаи халқҳое ки онҳоро ба он ҷо бадар рондаам, ба лаънат ва воҳима ва масхара ва нанг табдил хоҳам дод, —

19 Чунки онҳо суханони Маро нашниданд, — мегӯяд Худованд, — вақте ки бандагони Худ — анбиёро назди онҳо фиристодам, — ҳар рӯз аз субҳидам фиристодам, вале шумо нашнидед, — мегӯяд Худованд.

20 Ва шумо, эй ҳамаи асироне ки аз Ерусалим ба Бобил фиристодаам, каломи Худовандро бишнавед!

21 Худованди лашкарҳо, Худои Исроил дар бораи Аҳъоб ибни Қӯлоё ва дар бораи Сидқиё ибни Маасиё, ки ба исми Ман ба шумо бардурӯғ нубувват мекунанд, чунин мегӯяд: инак, Ман онҳоро ба дасти Набукаднесар подшоҳи Бобил хоҳам супурд, ва ӯ онҳоро дар пеши назари шумо хоҳад кушт.

22 Ва номи онҳоро ҳамаи асирони Яҳудо, ки дар Бобил мебошанд, барои лаънат ба забон гирифта, хоҳанд гуфт: „Худованд туро мисли Сидқиё ва Аҳъоб гардонад, ки подшоҳи Бобил онҳоро дар оташ бирьён карда буд“.

23 Чунки онҳо дар Исроил кори зиште карданд: бо занони ёрони худ зино карданд ва ба исми Ман сухани дурӯғ гуфтанд, ки онро Ман ба онҳо амр нафармудаам; ва Ман аз ин вуқуф дорам ва шоҳид ҳастам, — мегӯяд Худованд.

24 Ва ба Шамаъёи Неҳеломӣ бигӯй:

25 Худованди лашкарҳо, Худои Исроил чунин мегӯяд: азбаски ту аз номи худ ба тамоми қавме ки дар Ерусалим мебошанд, ва ба Сафаньё ибни Маасиёи коҳин, ва ба ҳамаи коҳинон номаҳо фиристода, гуфтаӣ:

26 „Худованд туро ба ҷои Еҳӯёдои коҳин ба коҳинӣ гузоштааст, то ғамхорӣ намоӣ дар бораи он ки дар хонаи Худованд бар ҳар шахси маҷнун ва нубувваткунанда нозирон бошанд, ва ту варо дар шиканҷагоҳ ва дар ишкел андозӣ;

27 Пас чаро ту бар Ирмиёи Анотӯтӣ, ки назди шумо худро набӣ вонамуд мекунад, итоб нанамудаӣ?

28 Зеро ки ӯ назди мо низ ба Бобил фиристода, гуфтааст: асирӣ муддати дуру дароз давом хоҳад кард; хонаҳо бино карда, дар онҳо сокин шавед, ва боғҳо парвариш намуда, меваи онҳоро бихӯред“».

29 Ва Сафаньёи коҳин ин номаро ба гӯши Ирмиёи набӣ хонд.

30 Ва каломи Худованд бар Ирмиё нозил шуда, гуфт:

31 «Назди ҳамаи асирон фиристода, бигӯй: „Худованд дар бораи Шамаъёи Неҳеломӣ чунин мегӯяд: азбаски Шамаъё ба шумо нубувват мекунад, ва ҳол он ки Ман ӯро нафиристодаам, ва ӯ шуморо бардурӯғ умедвор менамояд, —

32 Бинобар ин Худованд чунин мегӯяд: инак, Ман Шамаъёи Неҳеломӣ ва насли ӯро ҷазо хоҳам дод: ӯро касе нахоҳад буд, ки дар миёни ин қавм сокин бошад, ва он некиро, ки Ман барои қавми Худ мекунам, ӯ нахоҳад дид, — мегӯяд Худованд, — зеро ки ӯ бар хилофи Худованд сухан рондааст“».

30

БОБИ СИЮМ

Пешгӯӣ дар бораи халосӣ ёфтани Исроил ва Яҳудо.

1 Каломе ки бар Ирмиё аз ҷониби Худованд нозил шуда, гуфт:

2 «Худованд, Худои Исроил сухан ронда, чунин мегӯяд: ҳамаи суханонеро, ки Ман ба ту гуфтаам, барои худ дар тӯмори китобат бинавис.

3 Зеро инак, айёме фаро мерасад, — мегӯяд Худованд, — ки Ман қавми Худ — Исроил ва Яҳудоро аз асирӣ хоҳам баргардонид, — мегӯяд Худованд, — ва онҳоро ба замине ки ба падаронашон додаам, хоҳам баргардонид, ва онҳо онро тасарруф хоҳанд кард».

4 Ва ин аст суханоне ки Худованд дар бораи Исроил ва Яҳудо гуфтааст:

5 «Худованд чунин мегӯяд: садои хавотирноке шунидем:

тарсу ҳарос аст, ва осоиштагӣ нест.

6 Бипурсед ва бубинед, ки оё мард мезояд?

Пас чаро ҳар мардро мебинам,

ки мисли зани зоянда дастҳояш бар камараш мебошад,

ва ҳамаи чеҳраҳо кабуд шудааст?

7 Оҳ, чӣ гуна азим аст он рӯз, ки мисл надорад!

Ва ин барои Яъқуб замони тангист,

вале аз он ӯ наҷот хоҳад ёфт.

8 Ва дар он рӯз воқеъ хоҳад шуд, ки Ман, — мегӯяд Худованди лашкарҳо, — юғи варо, ки бар гардани туст, дарҳам хоҳам шикаст, ва бандҳои туро хоҳам барканд; ва дигар ба аҷнабиён хизмат нахоҳанд кард,

9 Балки ба Худованд Худои худ ва ба Довуд подшоҳи худ, ки барои онҳо аз нав барқарор хоҳам намуд, хизмат хоҳанд кард.

10 Вале ту, эй бандаи Ман Яъқуб, натарс, — мегӯяд Худованд, —

ва эй Исроил, ҳаросон нашав,

зеро инак, Ман туро аз ҷои дурдаст,

ва насли туро аз замини асирии онҳо наҷот хоҳам дод;

ва Яъқуб баргашта, дар амният ва осоиштагӣ хоҳад зист,

ва касе ӯро нахоҳад тарсонид.

11 Зеро Ман бо ту ҳастам, — мегӯяд Худованд, —

то ки туро наҷот диҳам;

зеро Ман ҳамаи халқҳоеро, ки дар миёнашон туро пароканда намудаам,

талаф хоҳам кард, аммо туро талаф нахоҳам кард,

балки туро аз рӯи инсоф ҷазо хоҳам дод,

вале туро тамоман беҷазо нахоҳам мононд.

12 Зеро ки Худованд чунин мегӯяд:

шикасти ту беилоҷ аст, зарбаи ту ҳалокатовар аст.

13 Касе нест, ки даъвои туро муҳокима намояд,

то туро шифо диҳад;

давоҳои шифобахш барои ту нест.

14 Ҳамаи дӯстдоронат туро фаромӯш кардаанд, аҳволатро

намепурсанд, зеро ки Ман туро зарбаи душманона

ва танбеҳи бераҳмона барои бисьёрии маъсияти ту додаам,

барои он ки гуноҳҳои ту афзудааст.

15 Чаро ту дар бораи шикасти худ,

дар бораи дарди бедавои худ фиғон мекашӣ?

Барои бисьёрии маъсияти ту,

барои он ки гуноҳҳои ту афзудааст,

Ман ин корҳоро ба ту кардаам.

16 Бинобар ин ҳамаи онҳое ки туро мехӯранд, хӯрда хоҳанд шуд,

ва ҳамаи бадхоҳони ту саросар ба асирӣ хоҳанд рафт,

ва онҳое ки туро яғмо мекунанд, яғмо хоҳанд шуд,

ва ҳамаи тороҷкунандагонатро гирифтори тороҷ хоҳам кард,

17 Зеро туро даво хоҳам кард,

ва ҷароҳатҳои туро шифо хоҳам дод, — мегӯяд Худованд, —

чунки туро мардуд номида, мегуфтанд:

„Ин Сион аст, ки касе аҳволашро намепурсад“.

18 Худованд чунин мегӯяд:

инак, Ман асирони Яъқубро ба хаймаҳошон хоҳам баргардонид,

ва ба масканҳои ӯ раҳм хоҳам кард,

ва шаҳр бар теппаи худ бино ёфта,

маъбад дар макони худ барпо хоҳад шуд.

19 Ва шукргузорӣ ва овози шодкомон аз онҳо берун хоҳад омад;

ва онҳоро афзун хоҳам кард, ва кам нахоҳанд шуд,

ва онҳоро ҷалол хоҳам дод, ва беқадр нахоҳанд шуд.

20 Ва писарони ӯ мисли пештара хоҳанд буд,

ва ҷамоати ӯ дар ҳузури Ман поянда хоҳанд шуд,

ва Ман ҳамаи ҷабрпешаҳои ӯро ҷазо хоҳам дод.

21 Ва сарвари ӯ аз худи ӯ хоҳад буд,

ва ҳокими ӯ аз даруни ӯ хоҳад баромад,

ва Ман варо муқарраби Худ хоҳам гардонид,

то ки вай ба Ман наздик ояд,

зеро кист, ки ҷуръат намуда, ба Ман наздик ояд? — мегӯяд Худованд.

22 Ва шумо қавми Ман хоҳед буд,

ва Ман Худои шумо хоҳам буд».

23 Инак, тундбоде бошиддат вазида,

хашми Худованд берун омадааст,

ва тундбод талотум намуда,

бар сари шарирон фурӯд хоҳад омад.

24 Оташи ғазаби Худованд,

то Ӯ муродоти дили Худро ба амал наоварад

ва иҷро накунад, фурӯ нахоҳад нишаст;

дар оянда шумо инро фаҳм хоҳед кард.

31

БОБИ СИЮ ЯКУМ

Пешгӯӣ дар бораи наҷоти ояндаи Исроил ва Яҳудо ва дар бораи Аҳди Ҷадид.

1 «Дар он замон — мегӯяд Худованд, — Ман Худои ҳамаи қабилаҳои Исроил хоҳам буд, ва онҳо қавми Ман хоҳанд буд».

2 Худованд чунин мегӯяд:

«Қавме ки аз шамшер саломат монданд,

дар биёбон лутф пайдо карданд;

биравам, то Исроилро ором намоям.

3 Аз дурдаст Худованд ба ман зоҳир шуд:

бо муҳаббати абадӣ туро дӯст доштам,

бинобар ин туро бо марҳамат ба Худ ҷалб намудам.

4 Боз туро, эй бокираи Исроил,

бино хоҳам кард, ва ту бино хоҳӣ ёфт;

боз бо дафҳои худ зинат ёфта,

бо дастаи раққасони шодком берун хоҳӣ омад;

5 Боз бар кӯҳҳои Сомария токҳо хоҳӣ шинонд;

токдорон ток шинонда, худашон меваи онро хоҳанд хӯрд.

6 Зеро рӯзе фаро хоҳад расид, ки дидбонон бар кӯҳи Эфроим нидо хоҳанд кард:

„Бархезед ва назди Худованд Худои худ ба Сион бароем!“»

7 Зеро Худованд чунин мегӯяд:

«Барои Яъқуб бо шодмонӣ тараннум намоед,

ва дар сари халқҳо ба ваҷд оед;

нидо карда ва ҳамду сано хонда, бигӯед:

„Қавми Худоро, эй Худованд, бақияи Исроилро наҷот деҳ!“

8 Инак, Ман онҳоро аз замини шимолӣ хоҳам овард,

ва онҳоро аз ақсои замин ҷамъ хоҳам кард;

дар миёни онҳо кӯр ва ланг,

зани ҳомиладор ва зоянда бо ҳам хоҳанд буд;

анбӯҳи бузурге ба ин ҷо хоҳанд баргашт.

9 Онҳо бо гирья хоҳанд омад,

ва Ман онҳоро бо марҳамат хоҳам бурд;

онҳоро сӯи ҷӯйҳои об бо роҳи рост хоҳам бурд,

ки дар он пешпо нахоҳанд хӯрд;

зеро ки Ман падари Исроил ҳастам,

ва Эфроим нахустзодаи Ман аст.

10 Каломи Худовандро бишнавед, эй халқҳо,

ва ба ҷазираҳои дурдаст эълон намоед, ва бигӯед:

„Ӯ, ки Исроилро пароканда намуд, ӯро ҷамъ хоҳад овард,

ва ӯро нигоҳдорӣ хоҳад кард, чунон ки чӯпон рамаи худро нигоҳдорӣ мекунад“.

11 Зеро Худованд барои Яъқуб фидия хоҳад дод,

ва ӯро аз дасти касе ки аз ӯ пурзӯртар аст,

раҳо хоҳад кард.

12 Ва онҳо омада, бар баландии Сион тараннум хоҳанд кард;

ва сӯи неъмати Худованд:

сӯи гандум ва шароб ва равғани зайтун,

ва сӯи барраҳо ва гӯсолаҳо равон хоҳанд шуд;

ва ҷони онҳо мисли боғи сероб хоҳад буд,

ва онҳо дигар ғамгин нахоҳанд шуд.

13 Он гоҳ бокира дар дастаи раққосон шодӣ хоҳад кард,

ва ҷавонон ва пирон — бо якҷоягӣ;

ва Ман мотами онҳоро ба шодмонӣ табдил хоҳам дод,

ва онҳоро аз кулфате ки кашидаанд, тасаллӣ дода,

шод хоҳам гардонид.

14 Ва ҷони коҳинонро аз чарбу ба фаровонӣ ғизо хоҳам дод,

ва қавми Ман аз неъмати Ман сер хоҳанд шуд», — мегӯяд Худованд.

15 Худованд чунин мегӯяд:

«Овозе дар Ромо шунида шуд,

садои нола ва гирьяи талх:

Роҳел барои фарзандони худ гирья мекунад;

барои фарзандони худ наметавонад тасаллӣ ёбад,

зеро ки онҳо нестанд».

16 Худованд чунин мегӯяд:

«Овози худро аз навҳа,

ва чашмони худро аз ашк нигоҳ дор,

зеро ки барои заҳмати худ подош хоҳӣ гирифт, — мегӯяд Худованд, —

ва онҳо аз замини душман хоҳанд баргашт.

17 Ва барои ояндаи ту умеде ҳаст, — мегӯяд Худованд, —

ва фарзандонат ба ҳудуди худ хоҳанд баргашт.

18 Овози Эфроимро шунидам, ки дар мотами худ сар ҷунбонда, мегуфт:

„Ту маро ҷазо додӣ, ва ман мисли гӯсолаи ноозмуда ҷазо дидам;

маро баргардон, ва ман хоҳам баргашт,

зеро ки Ту Худованд Худои ман ҳастӣ;

19 Зеро, баъд аз он ки баргаштам, пушаймон шудам,

ва баъд аз он ки фаҳм кардам, бар рони худ задам;

хиҷил шудам, ва нангам низ омад,

зеро ки расвоии ҷавонии худро бардошта мегаштам“.

20 Оё Эфроим писари азизи Ман аст?

Оё ӯ валади сурурангез аст?

Зеро, ҳар бор, ки дар бораи ӯ сухан меронам,

ӯро бисьёр ёд мекунам;

бинобар ин ба ӯ дилам месӯзад,

ба ҳар ҳол ба ӯ раҳм хоҳам кард», — мегӯяд Худованд.

21 Нишонаҳо барои худ бимон, сутунҳо барои худ барпо бикун,

ба ҷодда ва роҳе ки рафтаӣ, диққат намо;

баргард, эй бокираи Исроил, ба ин шаҳрҳои худ баргард!

22 То ба кай рӯ хоҳӣ тофт, эй духтари муртад?

Зеро Худованд бар замин таомули наве офаридааст:

зан гирди мард хоҳад гашт.

23 Худованди лашкарҳо, Худои Исроил чунин мегӯяд: «Боз дар замини Яҳудо ва шаҳрҳояш, вақте ки асирони онҳоро баргардонам, ин каломро хоҳанд гуфт:

„Эй маскани адолат ва эй кӯҳи муқаддас,

Худованд туро муборак созад!“

24 Ва Яҳудо бо якҷоягии ҳамаи шаҳрҳояш, зироаткорон ва онҳое ки бо рама мегарданд, дар он сокин хоҳанд шуд.

25 Зеро ки Ман ҷони ташнаро хоҳам нӯшонид, ва ҳар ҷони ғамгинро сер хоҳам кард».

26 Дар айни ҳол ман бедор шудам ва ба гирду пешам назар андохтам, ва хобам барои ман хуш буд.

27 «Инак, айёме фаро мерасад, — мегӯяд Худованд, — ки Ман хонадони Исроил ва хонадони Яҳудоро бо тухми одам ва тухми чорпоён кишт хоҳам кард.

28 Ва воқеъ хоҳад шуд: чунон ки Ман бар онҳо барои аз беху бор кандан, ва вожгун сохтан, ва хароб кардан, ва барҳам задан, ва осеб расондан диққат намудаам, ончунон бар онҳо барои бино кардан ва ниҳол шинондан диққат хоҳам намуд, — мегӯяд Худованд.

29 Дар он рӯзҳо дигар нахоҳанд гуфт:

„Падарон ғӯра хӯрданд, ва дандони писарон кунд шуд“,

30 Балки ҳар кас ба гуноҳи худ хоҳад мурд: ҳар одаме ки ғӯра хӯрад, дандонаш кунд хоҳад шуд.

31 Инак, айёме фаро мерасад, — мегӯяд Худованд, — ки Ман бо хонадони Исроил ва бо хонадони Яҳудо аҳди нав хоҳам баст, —

32 На мисли он аҳде ки бо падарони онҳо бастам, дар рӯзе ки дасташонро гирифтам, то ки онҳоро аз замини Миср берун оварам; онҳо он аҳди Маро поймол карданд, гарчанде ки Ман оғои онҳо будам, — мегӯяд Худованд.

33 Чунин аҳде Ман бо хонадони Исроил баъд аз он айём хоҳам баст, — мегӯяд Худованд: — шариати Худро дар ботини онҳо ҷойгир хоҳам кард, ва онро бар дили онҳо хоҳам навишт, ва Ман Худои онҳо хоҳам буд, ва онҳо қавми ман хоҳанд буд,

34 Ва касе ба ёри худ ва касе ба бародари худ дигар таълим дода нахоҳад гуфт: „Худовандро бишносед“, зеро ки ҳамаашон, аз хурд то калон, Маро хоҳанд шинохт, — мегӯяд Худованд, — чунки Ман маъсияти онҳоро хоҳам омурзид ва гуноҳи онҳоро дигар ба ёд нахоҳам овард».

35 Чунин мегӯяд Худованде ки офтобро барои рӯшноии рӯз,

ва қонунҳои моҳ ва ситорагонро барои рӯшноии шаб додааст,

ва баҳрро тавре ба шӯр меоварад, ки мавҷҳояш хурӯш бардорад;

исми Ӯ Худованди лашкарҳост.

36 «Агар ин қонунҳо аз ҳузури Ман барҳам хӯрад, — мегӯяд Худованд, —

он гоҳ насли Исроил низ дигар дар ҳузури Ман

ба таври доимӣ халқ нахоҳанд буд».

37 Худованд чунин мегӯяд:

«Агар дар боло чен кардани осмон

ва дар поён тадқиқ намудани асосҳои замин имконпазир бошад,

он гоҳ Ман низ аз тамоми насли Исроил аз боиси ҳар он чи онҳо карданд,

безор хоҳам шуд», — мегӯяд Худованд.

38 «Инак, айёме фаро мерасад, — мегӯяд Худованд, — ки ин шаҳр, аз бурҷи Ҳананъил то дарвозаи кунҷакӣ барои Худованд бино хоҳад ёфт.

39 Ва боз ресмони андоза дар рӯ ба рӯи он то теппаи Ҷореб берун рафта, сӯи Ҷӯот давр хоҳад зад.

40 Ва тамоми водии лошаҳо ва хокистар, ва тамоми саҳро то наҳри Қидрӯн, то гӯшаи дарвозаи аспон ба тарафи шарқ, барои Худованд муқаддас хоҳад буд; дигар ҳаргиз решакан ва хароб нахоҳад шуд».

32

БОБИ СИЮ ДУЮМ

Ирмиё киштзореро ҳамчун аломати баргаштани асирон мехарад.

1 Каломе ки бар Ирмиё аз ҷониби Худованд дар соли даҳуми Сидқиё подшоҳи Яҳудо нозил шуд, ки ин сол соли ҳаждаҳуми Набукаднесар буд.

2 Ва он вақт лашкари подшоҳи Бобил Ерусалимро муҳосира карда буд, ва Ирмиёи набӣ дар саҳни посгоҳи назди хонаи подшоҳи Яҳудо маҳбус буд,

3 Ки ӯро Сидқиё подшоҳи Яҳудо дар он ҷо ҳабс карда, гуфта буд: «Чаро ту нубувват карда, мегӯӣ: „Худованд чунин мегӯяд: инак, Ман ин шаҳрро ба дасти подшоҳи Бобил хоҳам супурд, ва ӯ онро мусаххар хоҳад кард;

4 Ва Сидқиё подшоҳи Яҳудо аз дасти калдониён раҳо нахоҳад шуд, зеро ки ӯ ҳатман ба дасти подшоҳи Бобил супурда хоҳад шуд, ва даҳони ӯ бо даҳони вай сухан хоҳад ронд, ва чашмони ӯ чашмони варо хоҳад дид;

5 Ва Сидқиёро вай ба Бобил хоҳад бурд, ва ӯ то вақте ки Ман ӯро тафаққуд намоям, дар он ҷо хоҳад буд, — мегӯяд Худованд, — зеро ки агар бо калдониён ҷанг кунед, муваффақият нахоҳед ёфт“».

6 Ва Ирмиё гуфт: «Каломи Худованд бар ман нозил шуда, гуфт:

7 Инак Ҳанамъил ибни Шаллуми тағоят назди ту меояд, то бигӯяд: „Киштзори маро, ки дар Анотӯт аст, бихар, зеро ки мувофиқи ҳаққи фидияи хешовандӣ ту бояд бихарӣ“.

8 Ва Ҳанамъил писари тағоям бар тибқи каломи Худованд назди ман ба саҳни посгоҳ омада, ба ман гуфт: „Лутфан, киштзори маро, ки дар Анотӯт, дар замини Биньёмин аст, бихар, зеро ки ҳаққи меросгирӣ аз они туст ва ҳаққи фидияи хешовандӣ аз они туст, пас онро барои худ бихар“. Ва ман донистам, ки ин каломи Худованд аст.

9 Ва киштзорро, ки дар Анотӯт буд, аз Ҳанамъил писари тағоям харидам; ва баҳои онро ба ӯ баркашида додам, ки ҳабдаҳ сиқл нуқра буд.

10 Ва васиқа навиштам, ва мӯҳр задам, ва шоҳидонро барои шаҳодат даъват намудам, ва нуқраро бо тарозу баркашидам.

11 Ва васиқаи харидро, ҳам онро, ки бар тибқи аҳком ва фароиз баста мӯҳр зада шуда буд, ва ҳам онро, ки яла буд, гирифтам, —

12 Ва ин васиқаи харидро ба Борух ибни Нериё ибни Маҳсеё дар пеши назари Ҳанамъил писари тағоям ва дар пеши назари шоҳидоне ки васиқаи харидро имзо карда буданд, дар пеши назари ҳамаи яҳудиёне ки дар саҳни посгоҳ нишаста буданд, супурдам.

13 Ва ба Борух дар пеши назари онҳо супориш дода, гуфтам:

14 „Худованди лашкарҳо, Худои Исроил чунин мегӯяд: ин васиқаҳоро, яъне васиқаи ин харидро: ҳам онро, ки баста мӯҳр зада шудааст, ва ҳам ин васиқаи яларо бигир, ва онҳоро дар зарфи сафолин бимон, то ки рӯзҳои бисьёр биистад.

15 Зеро ки Худованди лашкарҳо, Худои Исроил чунин мегӯяд: боз хонаҳо ва киштзорҳо ва токзорҳо дар ин замин харида хоҳад шуд“».

Дуои Ирмиё.

16 «Ва баъд аз он ки васиқаи харидро ба Борух ибни Нериё супурдам, пеши Худованд чунин дуо гуфтам:

17 „Ё Худоё Худовандо! Инак, Ту осмон ва заминро бо қуввати бузурги Худ ва бо бозуи тӯлонии Худ ба вуҷуд овардӣ; барои Ту чизи мушкиле нест.

18 Ту ба ҳазорҳо марҳамат менамоӣ, ва подоши маъсияти падаронро ба оғӯши фарзандонашон баъд аз онҳо мерасонӣ, эй Худои бузурги ҷаббор, ки исми Ту Худованди лашкарҳост!

19 Ту дар рой бузург ва дар аъмол қавӣ ҳастӣ; чашмони Ту бар ҳамаи роҳҳои банӣ‐одам воз аст, то ки ба ҳар кас мувофиқи роҳҳояш ва бар тибқи самараи аъмолаш подош диҳӣ.

20 Ту аломот ва мӯъҷизот дар замини Миср, ва то имрӯз дар Исроил ва дар миёни мардумон ба амал овардӣ, ва барои Худ, чунон ки имрӯз аст, исм пайдо кардӣ.

21 Ту қавми Худ — Исроилро бо аломот ва мӯъҷизот, ва бо дасти қавӣ ва бозуи тӯлонӣ, ва бо ҳайбати азим аз замини Миср берун овардӣ;

22 Ва ин заминро, ки ба падаронашон қасам хӯрдӣ, ки ба онҳо бидиҳӣ, ба онҳо додӣ, — замине ки шир ва асал дар он ҷорист.

23 Ва онҳо омада, онро ба тасарруфи худ дароварданд, вале овози Туро нашниданд, бар тибқи шариати Ту рафтор накарданд ва он чиро, ки Ту амр фармудӣ, ки ба ҷо оваранд, ба ҷо наоварданд; ба ин сабаб Ту тамоми ин мусибатро бар онҳо овардӣ.

24 Инак, хокрезҳо ба шаҳр расидааст, то ки онро забт кунанд; ва шаҳр ба дасти калдониёне ки ба зидди он ҷанг мекунанд, аз боиси шамшер ва қаҳтӣ ва вабо таслим мешавад; ва он чи Ту гуфта будӣ, ба амал меояд, ва инак, Ту инро мебинӣ.

25 Ва Ту, эй Худованд Худо, ба ман мегӯӣ: ин киштзорро барои худ ба нуқра бихар ва шоҳидонро барои шаҳодат даъват намо, ва ҳол он ки шаҳр ба дасти калдониён супурда мешавад“».

Ҷавоби Худованд.

26 Ва каломи Худованд бар Ирмиё нозил шуда, гуфт:

27 «Инак, Ман — Худованд — Худои тамоми башар ҳастам; оё барои Ман чизи мушкиле ҳаст?

28 Бинобар ин Худованд чунин мегӯяд: инак, Ман ин шаҳрро ба дасти калдониён ва ба дасти Набукаднесар подшоҳи Бобил месупорам, ва ӯ онро хоҳад гирифт.

29 Ва калдониёне ки ба зидди ин шаҳр ҷанг мекунанд, дохил шуда, ба ин шаҳр оташ хоҳанд зад ва онро бо хонаҳое ки бар бомҳои онҳо барои Баал бухур месӯзониданд ва ҳадияҳои рехтанӣ барои худоёни бегона рехта, Маро ба ғазаб меоварданд, хоҳанд сӯзонид,

30 Зеро ки банӣ‐Исроил ва банӣ‐Яҳудо аз наврасии худ фақат он чиро, ки дар назари Ман бад буд, ба амал меоварданд; зеро ки банӣ‐Исроил ҳамеша Маро бо амали дастҳои худ ба ғазаб меоварданд, — мегӯяд Худованд.

31 Зеро ки ин шаҳр аз рӯзе ки онро бино карданд, то имрӯз сабаби хашм ва ғазаби Ман гардидааст, то ки онро аз ҳузури Худ дур андозам

32 Аз боиси тамоми шарорате ки банӣ‐Исроил ва банӣ‐Яҳудо ба амал оварданд, то ки Маро ба ғазаб оваранд, — худи онҳо, подшоҳони онҳо, мирони онҳо, коҳинони онҳо ва анбиёи онҳо, ва мардони Яҳудо ва сокинони Ерусалим.

33 Ва онҳо пушти худро ба Ман гардонданд, на рӯи худро; ва Ман онҳоро таълим додам, ҳар рӯз таълим додам, вале онҳо нашниданд, то панде бипазиранд.

34 Ва дар хонае ки ба исми Ман номида шудааст, чизҳои зишти худро гузоштанд, то ки онро палид созанд.

35 Ва минбарҳои Баалро дар водии Бен‐Ҳиннӯм бино карданд, то ки писарон ва духтарони худро барои Мӯлик аз оташ гузаронанд, ки инро Ман нафармудаам ва ин ба хаёлам наомадааст, ки чунин кори зиште карда, Яҳудоро гумроҳ созанд.

36 Бинобар ин алҳол Худованд, Худои Исроил дар ҳаққи ин шаҳр, ки шумо дар бораи он мегӯед: „Он ба дасти подшоҳи Бобил ба василаи шамшер ва қаҳтӣ ва вабо таслим шудааст“, чунин мегӯяд:

37 Инак, Ман онҳоро аз ҳамаи заминҳое ки дар ғазаб ва хашм ва қаҳри бузурги Худ онҳоро ба он ҷо бадар ронда будам, ҷамъ хоҳам овард, ва онҳоро ба ин макон баргардонида, дар амният сокин хоҳам кард.

38 Ва онҳо қавми Ман хоҳанд буд, ва Ман Худои онҳо хоҳам буд.

39 Ва Ман ба онҳо як дил ва як роҳ хоҳам дод, то ки ба манфиати худашон ва фарзандонашон, ки баъд аз онҳо хоҳанд буд, ҳамеша аз Ман битарсанд.

40 Ва аҳди ҷовидонӣ бо онҳо хоҳам баст, ки бар тибқи он аз онҳо рӯ нахоҳам гардонид, то ки ба онҳо некӣ кунам; ва тарси Худро дар дили онҳо ҷойгир хоҳам кард, то ки онҳо аз Ман дур нашаванд.

41 Ва аз некӣ кардан ба онҳо шод хоҳам шуд, ва онҳоро ба ростӣ, бо тамоми дили Худ ва бо тамоми ҷони Худ дар ин замин мисли ниҳоле хоҳам шинонид.

42 Зеро Худованд чунин мегӯяд: чунон ки тамоми ин мусибати азимро бар ин қавм овардам, ончунон Ман тамоми некиеро, ки Ман дар бораи онҳо гуфтаам, бар онҳо хоҳам овард.

43 Ва дар ин замин, ки шумо дар бораи он мегӯед: „Ин биёбони бе одам ва бе чорво аст, ки ба дасти калдониён супурда шудааст“, киштзорҳо харида хоҳад шуд;

44 Киштзорҳоро ба нуқра харида, васиқаҳо хоҳанд навишт ва баста мӯҳр хоҳанд зад, ва шоҳидонро барои шаҳодат даъват хоҳанд намуд — дар замини Биньёмин ва дар атрофи Ерусалим, ва дар шаҳрҳои Яҳудо ва дар шаҳрҳои кӯҳистон, ва дар шаҳрҳои пастӣ ва дар шаҳрҳои ҷанубӣ; зеро ки асирони онҳоро хоҳам баргардонид», — мегӯяд Худованд.

33

БОБИ СИЮ СЕЮМ

Нубувват дар бораи Малакути Масеҳ ва иттифоқи ҷовидонӣ бо Худо.

1 Ва Ирмиё ҳанӯз дар саҳни посгоҳ маҳбус буд, ки каломи Худованд бори дуюм бар ӯ нозил шуда, гуфт:

2 «Худованде ки ин корро мекунад, Худованде ки инро ба вуҷуд оварда, мустаҳкам менамояд, ва исми Ӯ Худованд аст, чунин мегӯяд:

3 Маро бихон, ва Ман туро иҷобат хоҳам намуд, ва ба ту чизҳои бузург ва ниҳониеро, ки намедонӣ, баён хоҳам кард.

4 Зеро чунин мегӯяд Худованд, Худои Исроил дар бораи хонаҳои ин шаҳр ва дар бораи хонаҳои подшоҳони Яҳудо, ки барои хокрезҳо ва барои ҳарбу зарб валангор карда шудааст

5 Ба воситаи онҳое ки омадаанд, то бар зидди калдониён ҷангида, он хонаҳоро аз лошаҳои одамоне пур кунанд, ки Ман онҳоро дар хашм ва ғазаби Худ зарба задаам, ва ба сабаби тамоми шарорати онҳо рӯи Худро аз ин шаҳр пинҳон кардаам:

6 Инак, Ман ба он марҳам ва даво хоҳам бахшид, ва онҳоро шифо хоҳам дод, ва фаровонии осоиштагӣ ва ростиро ба онҳо зоҳир хоҳам сохт.

7 Ва асирони Яҳудо ва асирони Исроилро хоҳам баргардонид, ва онҳоро мисли пештара бино хоҳам кард.

8 Ва онҳоро аз тамоми гуноҳе ки пеши Ман ба амал овардаанд, пок хоҳам кард, ва ҳамаи гуноҳҳои онҳоро, ки пеши Ман ба амал овардаанд, ва ба василаи онҳо бар зидди Ман исьён кардаанд, хоҳам омурзид.

9 Ва он барои Ман исми шодмонӣ, ҷалол ва шукӯҳ пеши ҳамаи халқҳои замин хоҳад буд, ки онҳо тамоми некиеро, ки Ман ба он мекунам, хоҳанд шунид, ва аз боиси тамоми он некӣ ва тамоми он осоиштагие ки Ман ба он мебахшам, тарсида, ба ларза хоҳанд афтод.

10 Худованд чунин мегӯяд: дар ин макон, ки шумо дар бораи он мегӯед: „Он вайрона аст: на одам дорад ва на чорво“, яъне дар шаҳрҳои Яҳудо ва дар кӯчаҳои Ерусалим, ки валангор гардида, на одаме доранд, на сокине ва на чорвое,

11 Боз садои шодмонӣ ва садои хурсандӣ, овози домод ва овози арӯс шунида хоҳад шуд, овози онҳое ки мегӯянд: „Худованди лашкарҳоро ҳамд гӯед, зеро Худованд некӯст, ва эҳсони Ӯ то абад аст“, овози онҳое ки қурбонии шукрона ба хонаи Худованд меоваранд; зеро ки Ман асирони ин заминро мисли пештара хоҳам баргардонид, — мегӯяд Худованд.

12 Худованди лашкарҳо чунин мегӯяд: дар ин макон, ки вайронаи бе одам ва бе чорво гардидааст, ва дар ҳамаи шаҳрҳои он боз чарогоҳҳои чӯпонон хоҳад буд, ки онҳо рамаҳои худро бемалол хоҳанд хобонид.

13 Дар шаҳрҳои кӯҳистон, дар шаҳрҳои пастӣ ва дар шаҳрҳои ҷанубӣ, ва дар замини Биньёмин ва дар атрофи Ерусалим ва дар шаҳрҳои Яҳудо боз рамаҳо аз зери дасти шуморандагон хоҳанд гузашт, — мегӯяд Худованд.

14 Инак, айёме фаро мерасад, — мегӯяд Худованд, — ки Ман он каломи некро, ки дар бораи хонадони Исроил ва дар бораи хонадони Яҳудо баён намудаам, ба ҷо хоҳам овард.

15 Дар он айём ва дар он замон Ман Шохаи одиле барои Довуд хоҳам рӯёнид, ва Ӯ инсофу адолатро дар замин ба амал хоҳад овард.

16 Дар он айём Яҳудо наҷот хоҳад ёфт, ва Ерусалим дар амният сокин хоҳад шуд; ва ин аст исме ки бо он хонда хоҳад шуд: „Худованд — адолати мо“.

17 Зеро ки Худованд чунин мегӯяд: аз Довуд касе ки бар тахти хонадони Исроил биншинад, кам нахоҳад шуд,

18 Ва аз коҳинони левизода касе ки ҳар рӯз қурбониҳои сӯхтанӣ бароварад ва ҳадияҳои ордӣ бисӯзонад ва забҳҳо ба амал оварад, аз ҳузури Ман кам нахоҳад шуд».

19 Ва каломи Худованд бар Ирмиё нозил шуда, гуфт:

20 «Худованд чунин мегӯяд: агар шумо тавонед аҳди Маро, ки бо рӯз бастаам, ва аҳди Маро, ки бо шаб бастаам, ботил намоед, ба тавре ки рӯз ва шаб дар вақти худ фаро нарасад,

21 Он гоҳ аҳде низ, ки бо бандаи Худ Довуд бастаам, ботил хоҳад шуд, ба тавре ки ӯро писаре набошад, ки бар тахти ӯ подшоҳӣ кунад, ҳамчунин аҳде ки бо коҳинони левизода, ки хизматгузорони Мананд, бастаам.

22 Чунон ки лашкари осмон сону шумор надорад, ва реги дарьё аз андоза берун аст, ончунон насли бандаи Худ Довуд ва левизодагонро, ки ба Ман хизматгузорӣ менамоянд, афзун хоҳам кард».

23 Ва каломи Худованд бар Ирмиё нозил шуда, гуфт:

24 «Оё намебинӣ, ки ин қавм чӣ мегӯянд: „Он ду хонадоне ки Худованд баргузида буд, Ӯ аз онҳо безор шудааст“, ва аз қавми Ман нафрат мекунанд, гӯё ки дигар дар назари онҳо халқе набошанд?

25 Худованд чунин мегӯяд: агар аҳди Худро бо рӯз ва шаб намебастам, ва қонунҳои осмон ва заминро барқарор намекардам,

26 Он гоҳ аз насли Яъқуб ва бандаи Худ Довуд низ безор мешудам, то ки аз насли ӯ ҳокимонро барои насли Иброҳим, Исҳоқ ва Яъқуб нагирам; зеро ки асирони онҳоро хоҳам баргардонид ва бар онҳо раҳм хоҳам кард».

34

БОБИ СИЮ ЧОРУМ

Ба Сидкиё пешгӯӣ карда шуд,

ки ба зудӣ ба асирӣ меафтад.

1 Каломе ки аз ҷониби Худованд дар замоне ки Набукаднесар подшоҳи Бобил ва тамоми лашкари ӯ, ва ҳамаи мамлакатҳои замин, ки зердасти ӯ буданд, ва ҳамаи қавмҳо бар зидди Ерусалим ва бар зидди ҳамаи шаҳрҳои он меҷангиданд, бар Ирмиё нозил шуда, гуфт:

2 «Худованд, Худои Исроил чунин мегӯяд: бирав ва Сидқиё подшоҳи Яҳудоро хитоб намо ва ба ӯ бигӯй: „Худованд чунин мегӯяд: инак, Ман ин шаҳрро ба дасти подшоҳи Бобил месупорам, ва ӯ онро ба оташ хоҳад сӯзонид;

3 Ва Ту аз дасти ӯ раҳо нахоҳӣ шуд, балки дастгир гардида, ба дасти ӯ супурда хоҳӣ шуд, ва чашмони ту чашмони подшоҳи Бобилро хоҳад дид, ва даҳони ӯ бо даҳони ту гуфтугӯ хоҳад кард, ва ту ба Бобил хоҳӣ рафт“.

4 Аммо каломи Худовандро бишнав, эй Сидқиё подшоҳи Яҳудо! Худованд дар бораи ту чунин мегӯяд: ту ба дами шамшер нахоҳӣ мурд;

5 Ту дар осоиштагӣ хоҳӣ мурд, ва чунон ки барои падарони ту, — барои подшоҳоне ки пеш аз ту буданд, — моддаҳои хушбӯй сӯзонидаанд, ончунон барои ту хоҳанд сӯзонид ва барои ту навҳа карда, хоҳанд гуфт: „Э вой оғо!“, зеро ки ин суханро Ман гуфтам, — мегӯяд Худованд».

6 Ва Ирмиёи набӣ ҳамаи ин суханонро ба Сидқиё подшоҳи Яҳудо дар Ерусалим гуфт.

7 Дар ин миён лашкари подшоҳи Бобил бар зидди Ерусалим ва бар зидди ҳамаи шаҳрҳои боқимондаи Яҳудо, яъне бар зидди Локиш ва Азеқо меҷангиданд, зеро ки аз шаҳрҳои ҳисордори Яҳудо фақат ҳамин шаҳрҳо боқӣ монда буданд.

8 Каломе ки аз ҷониби Худованд бар Ирмиё нозил шуд, баъд аз он ки подшоҳ Сидқиё бо тамоми қавме ки дар Ерусалим буданд, аҳд баст, ки озодӣ эълон намоянд,

9 То ки ҳар кас ғуломи ибрии худ ва ҳар кас канизи ибрияи худро ба озодӣ ҷавоб диҳад, ва ҳеҷ кас барои яҳудии бародари худ ғулом набошад.

10 Ва ҳамаи мирон ва тамоми қавме ки ба ин аҳд шарик шуданд, итоат карданд ба он ки ҳар кас ғуломи худ ва ҳар кас канизи худро ба озодӣ ҷавоб диҳад, ва дигар ғуломе надошта бошад, — ва онҳо итоат карданд ва ҷавоб доданд.

11 Валекин баъд аз ин онҳо аз фикри худ гашта, ғуломон ва канизонеро, ки ба озодӣ ҷавоб дода буданд, баргардонида, зердаст карданд, то ки ғулом ва каниз бошанд.

12 Ва каломи Худованд бар Ирмиё аз ҷониби Худованд нозил шуда, гуфт:

13 «Худованд, Худои Исроил чунин мегӯяд: Ман бо падарони шумо дар рӯзе ки онҳоро аз замини Миср, аз хонаи ғуломӣ берун овардам, аҳд баста, гуфтам:

14 „Дар соли ҳафтум, ки соли охирин аст, ҳар яке аз шумо бародари ибрии худро, ки худро ба ту фурӯхта бошад, ҷавоб диҳед: бигзор ӯ назди ту шаш сол ғулом бошад, ва баъд аз он ӯро аз пеши худ ба озодӣ ҷавоб деҳ“; вале падарони шумо Маро нашниданд, ва гӯши худро хам накарданд.

15 Ва алҳол шумо руҷӯъ намуда, он чиро, ки дар назари Ман ҳаққонист, ба амал овардед: ҳар кас барои ёри худ озодӣ эълон намуд, ва дар ҳузури Ман, дар хонае ки ба исми Ман номида шудааст, аҳд бастед;

16 Вале аз фикри худ гашта, исми Маро хор доштед, ва ҳар кас ғуломи худ ва ҳар кас канизи худро, ки ба дилхоҳи онҳо ба озодӣ ҷавоб дода будед, баргардонида, онҳоро зердаст кардед, то ки барои шумо ғулом ва каниз бошанд.

17 Бинобар ин Худованд чунин мегӯяд: шумо Маро нашнидед дар бораи он ки ҳар кас барои бародари худ ва хар кас барои ёри худ озодӣ эълон намояд; пас, инак Ман, — мегӯяд Худованд, — барои шумо озодиро сӯи шамшер, вабо ва қаҳтӣ эълон хоҳам кард, ва шуморо барои ҳамаи мамлакатҳои замин ба даҳшат табдил хоҳам дод;

18 Ва таслим хоҳам намуд касонеро, ки аҳди Маро поймол карданд ва ба ҷо наоварданд суханони аҳдеро, ки ба ҳузури Ман ба василаи гӯсолае бастанд, ки онро ду пора карданд ва аз миёни пораҳои он гузаштанд,

19 Яъне мирони Яҳудо ва мирони Ерусалим, хоҷасароён ва коҳинон ва тамоми қавми заминро, ки аз миёни пораҳои гӯсола гузаштанд, —

20 Онҳоро ба дасти душманонашон ва ба дасти толибони ҷонашон таслим хоҳам намуд, ва ҷасадҳошон хӯроки мурғони осмон ва ҳайвоноти замин хоҳад шуд.

21 Ва Сидқиё подшоҳи Яҳудо ва мирони ӯро ба дасти душманонашон ва толибони ҷонашон, ва ба дасти лашкари подшоҳи Бобил, ки аз назди шумо ақиб нишастаанд, таслим хоҳам намуд.

22 Инак, Ман амр мефармоям, — мегӯяд Худованд, — ва онҳоро сӯи ин шаҳр бармегардонам, ва онҳо ба муқобили он ҷангида, онро забт хоҳанд кард, ва онро ба оташ хоҳанд сӯзонид; ва шаҳрҳои Яҳудоро биёбони ғайримаскун хоҳам гардонид».

35

БОБИ СИЮ ПАНҶУМ

Итоати Рекобиён ҳамчун намунаи ибрат барои яҳудиён оварда мешавад.

1 Каломе ки аз ҷониби Худованд дар айёми Еҳӯёқим ибни Йӯшиё подшоҳи Яҳудо бар Ирмиё нозил шуда, гуфт:

2 «Ба хонаи Рекобиён бирав ва бо онҳо гуфтугӯ намо, ва онҳоро ба хонаи Худованд, ба яке аз ҳуҷраҳои он биёр, ва ба онҳо шароб бинӯшон».

3 Ва ман Еазаньё ибни Ирмиё ибни Ҳавасиньё, ва бародаронаш, ва ҳамаи писаронаш, ва тамоми аҳли хонаводаи Рекобиёнро гирифтам,

4 Ва онҳоро ба хонаи Худованд, ба ҳуҷраи писарони Ҳонон ибни Йигдальёи марди Худо овардам, ки он назди ҳуҷраи мирон, болои ҳуҷраи Маасеё ибни Шаллуми посбони даромадгоҳ мебошад;

5 Ва пеши писарони хонаводаи Рекобиён кӯзаҳои пур аз шароб ва косаҳоро монда, ба онҳо гуфтам: «Шароб нӯшед».

6 Вале онҳо гуфтанд: «Мо шароб наменӯшем, зеро ки падарамон Йӯнодоб ибни Рекоб ба мо амр фармуда, гуфтааст: „Шумо ва писарони шумо то абад шароб нанӯшед,

7 Ва хонаҳо бино накунед, ва тухм кишт нанамоед, ва ток нашинонед, ва соҳиби он чизҳо набошед, балки тамоми айёми худ хайманишин шавед, то бар рӯи замине ки шумо дар он мусофират менамоед, рӯзҳои бисьёр зиндагӣ кунед“.

8 Ва мо ба овози падарамон Йӯнодоб ибни Рекоб, дар ҳар чи ба мо амр фармудааст, итоат намуда, тамоми айёми худ шароб нанӯшидем, — худамон, занонамон, писаронамон ва духтаронамон,

9 Ва хонаҳо барои иқомати худ бино накардем, ва мо токзор ва киштгоҳ ва зироат надорем,

10 Ва дар хаймаҳо сукунат дорем, ва ҳар он чи падарамон Йӯнодоб ба мо амр фармудааст, ба он итоат менамоем ва мувофиқи он амал мекунем.

11 Ва ҳангоме ки Набукаднесар подшоҳи Бобил ба ин замин омад, мо ба худ гуфтем: „Биёед, аз дасти лашкари калдониён ва аз дасти лашкари арамиён ба Ерусалим биравем“, — ва инак мо дар Ерусалим сокин шудаем».

12 Ва каломи Худованд бар Ирмиё нозил шуда, гуфт:

13 «Худованди лашкарҳо, Худои Исроил чунин мегӯяд: бирав ва ба мардони Яҳудо ва ба сокинони Ерусалим бигӯй: оё шумо сабақ намегиред, то ки ба суханони Ман гӯш диҳед? — мегӯяд Худованд.

14 Суханони Йӯнодоб ибни Рекоб, ки ба писаронаш амр фармуд, ки шароб нанӯшанд, ба ҷо оварда мешавад, ва онҳо то имрӯз наменӯшанд, зеро ки ба амри падари худ гӯш мекунанд; вале Ман ба шумо гуфтам, ҳар рӯз аз субҳидам сухан рондам, ва шумо ба Ман гӯш надодед.

15 Ва ҳамаи бандагони Худ — анбиёро назди шумо фиристодам, ҳар рӯз аз субҳидам фиристода, гуфтам: „Лутфан, ҳар яке аз шумо аз роҳи бади худ гашта, аъмоли худро ислоҳ намоед, ва аз паи худоёни бегона рафта, онҳоро ибодат накунед, то бар замине ки ба шумо ва падаронатон додаам, сукунат кунед“, вале шумо гӯши худро хам накардед ва Маро нашнидед.

16 Зеро писарони Йӯнодоб ибни Рекоб амри падари худро, ки ба онҳо фармудааст, ба ҷо меоваранд, вале ин қавм ба Ман гӯш намедиҳанд.

17 Бинобар ин Худованд, Худои лашкарҳо, Худои Исроил чунин мегӯяд: инак, Ман бар Яҳудо ва бар ҳамаи сокинони Ерусалим тамоми он мусибатро, ки дар ҳаққи онҳо баён намудаам, хоҳам овард, чунки Ман ба онҳо гуфтам, вале онҳо нашниданд, ва Ман онҳоро хондам, вале онҳо ҷавоб надоданд».

18 Ва Ирмиё ба аҳли хонаводаи Рекобиён гуфт: «Худованди лашкарҳо, Худои Исроил чунин мегӯяд: азбаски шумо ба амри падари худ Йӯнодоб гӯш додед ва тамоми аҳкоми ӯро риоя кардед, ва ҳар он чи ӯ фармудааст, ба ҷо овардед,

19 Бинобар ин Худованди лашкарҳо, Худои Исроил чунин мегӯяд: аз Йӯнодоб ибни Рекоб касе ки ҳамеша ба ҳузури Ман меистода бошад, кам нахоҳад шуд».

36

БОБИ СИЮ ШАШУМ

Тӯмор бо суханони Ирмиё ба ҳузури подшоҳ Еҳӯёқим нобуд карда шуд.

1 Ва дар соли чоруми Еҳӯёқим ибни Йӯшиё подшоҳи Яҳудо воқеъ шуд, ки ин калом аз ҷониби Худованд бар Ирмиё нозил шуда, гуфт:

2 «Тӯмори китобат барои худ бигир ва ҳамаи суханонеро, ки Ман дар бораи Исроил ва дар бораи ҳамаи халқҳо ба ту гуфтаам, аз рӯзе ки ба ту сухан рондаам, яъне аз айёми Йӯшиё то имрӯз, дар он бинавис.

3 Шояд, хонадони Яҳудо тамоми мусибатеро, ки Ман мехоҳам бар онҳо оварам, бишнаванд, то ки ҳар яке аз роҳи бади худ баргарданд, ва Ман маъсият ва гуноҳи онҳоро биомурзам».

4 Ва Ирмиё Борух ибни Нериёро даъват намуд, ва Борух аз забони Ирмиё ҳамаи суханони Худовандро, ки ба ӯ гуфта буд, дар тӯмори китобат бинавишт.

5 Ва Ирмиё ба Борух амр фармуда, гуфт: «Ман маҳбус ҳастам ва наметавонам ба хонаи Худованд биёям;

6 Пас, ту бирав ва суханони Худовандро, ки аз забони ман дар тӯмор навиштаӣ, дар хонаи Худованд дар рӯзи рӯзадорӣ дар гӯши тамоми қавм бихон, ҳамчунин дар гӯши ҳамаи яҳудиёне ки аз шаҳрҳои худ омадаанд, онҳоро бихон;

7 Шояд, онҳо ба ҳузури Худованд истиғоса баранд ва ҳар яке аз роҳи бади худ баргарданд, зеро хашму ғазабе ки Худованд дар бораи ин қавм баён намудааст, бузург аст».

8 Ва Борух ибни Нериё ҳар он чиро, ки Ирмиёи набӣ ба ӯ фармуда буд, то ки суханони Худовандро аз он тӯмор дар хонаи Худованд бихонад, ба ҷо овард.

9 Ва дар соли панҷуми Еҳӯёқим ибни Йӯшиё подшоҳи Яҳудо воқеъ шуд, ки дар моҳи нӯҳум тамоми қавме ки дар Ерусалим буданд, ва тамоми қавме ки аз шаҳрҳои Яҳудо ба Ерусалим омаданд, ба ҳузури Худованд рӯза эълон карданд.

10 Ва Борух суханони Ирмиёро аз он тӯмор дар хонаи Худованд, дар ҳуҷраи Ҷамарьё ибни Шофони котиб, дар саҳни боло, дар даҳани дарвозаи нави хонаи Худованд, дар гӯши тамоми қавм хонд.

11 Ва Михой ибни Ҷамарьё ибни Шофон ҳамаи суханони Худовандро аз он тӯмор шунид,

12 Ва ба хонаи подшоҳ, ба ҳуҷраи котиб фурӯд омад, ва инак, дар он ҷо ҳамаи мирон нишаста буданд: Элишомои котиб, ва Далоё ибни Шамаъё, ва Элнотон ибни Ахбӯр, ва Ҷамарьё ибни Шофон, ва Сидқиё ибни Ҳананьё, ва ҳамаи мирон;

13 Ва Михой ҳамаи суханонеро, ки шунида буд, вақте ки Борух тӯморро дар гӯши қавм хонд, ба онҳо ҳикоят кард.

14 Ва ҳамаи мирон Яҳудӣ ибни Натаньё ибни Шамаъё ибни Ҳабаширо назди Борух фиристоданд, ки бигӯяд: «Он тӯморро, ки дар гӯши қавм хондӣ, ба дасти худ гирифта, биё». Ва Борух ибни Нериё он тӯморро ба дасти худ гирифта, назди онҳо омад.

15 Ва онҳо ба ӯ гуфтанд: «Бинишин ва онро дар гӯши мо бихон». Ва Борух дар гӯши онҳо хонд.

16 Ва ҳангоме ки онҳо ҳамаи он суханонро шуниданд, бо ҳарос ба ҳамдигар нигаристанд, ва ба Борух гуфтанд: «Мо ҳамаи ин суханонро албатта ба подшоҳ нақл хоҳем намуд».

17 Ва ба Борух савол дода, гуфтанд: «Ба мо бигӯй, ки ҳамаи ин суханонро чӣ гуна аз забони ӯ навиштӣ?»

18 Ва Борух ба онҳо гуфт: «Ӯ аз забони худ ба ман ҳамаи ин суханонро хонд, ва ман бо сиёҳӣ дар тӯмор навиштам».

19 Ва мирон ба Борух гуфтанд: «Рафта, ту ва Ирмиё пинҳон шавед, то касе надонад, ки шумо куҷоед».

20 Ва тӯморро дар ҳуҷраи Элишомои котиб гузошта, ба қасри подшоҳ рафтанд ва ҳамаи он суханонро дар гӯши подшоҳ нақл карданд.

21 Ва подшоҳ Яҳудиро фиристод, ки тӯморро биёрад, ва ӯ онро аз ҳуҷраи Элишомои котиб овард, ва онро Яҳудӣ дар гӯши подшоҳ ва дар гӯши ҳамаи мироне ки назди подшоҳ истода буданд, хонд.

22 Ва подшоҳ дар моҳи нӯҳум дар хонаи зимистонӣ нишаста буд, ва дар пеши ӯ манқали оташ месӯхт.

23 Ва чун Яҳудӣ се‐чор сутунро хонда тамом мекард, подшоҳ бо кордчаи китобат онро бурида мегирифту дар оташи манқал меандохт, то даме ки тамоми он тӯмор дар оташи манқал сӯзонида шуд.

24 Вале подшоҳ ва ҳамаи бандагонаш, ки ҳамаи ин суханонро шуниданд, натарсиданд ва ҷомаҳои худро чок назаданд,

25 Ва ҳарчанд Элнотон ва Далоё ва Ҷамарьё аз подшоҳ илтимос карданд, ки тӯморро насӯзонад, ӯ ба онҳо гӯш надод.

26 Ва подшоҳ ба Ераҳмеили шоҳзода ва Сароё ибни Азриил ва Шелемьё ибни Абдаил амр фармуд, ки Борухи котиб ва Ирмиёи набиро дастгир кунанд, вале Худованд онҳоро пинҳон кард.

Тӯмор аз нав навишта шуд.

27 Ва баъд аз он ки подшоҳ тӯмор ва суханонеро, ки Борух аз забони Ирмиё навишта буд, сӯзонид, каломи Худованд бар Ирмиё нозил шуда, гуфт:

28 «Барои худ аз нав тӯмори дигаре бигир ва ҳамаи суханони пештараро, ки дар тӯмори якум буд, ва онро Еҳӯёқим подшоҳи Яҳудо сӯзонид, дар он бинавис.

29 Ва ба Еҳӯёқим подшоҳи Яҳудо бигӯй: Худованд чунин мегӯяд: ту ин тӯморро сӯзонида, гуфтӣ: чаро ту дар он чунин навиштӣ: „Подшоҳи Бобил ҳатман хоҳад омад ва ин заминро валангор карда, одамон ва ҳайвонотро аз он барҳам хоҳад зад“?

30 Бинобар ин Худованд дар бораи Еҳӯёқим подшоҳи Яҳудо чунин мегӯяд: ӯро касе нахоҳад буд, ки бар тахти Довуд биншинад, ва ҷасади ӯ дар гармои рӯз ва сармои шаб партофта хоҳад шуд.

31 Ва ӯ ва насли ӯ ва бандагони ӯро Ман барои гуноҳашон ҷазо хоҳам дод, ва бар онҳо ва бар сокинони Ерусалим ва бар мардони Яҳудо тамоми он мусибатро, ки дар ҳаққи онҳо баён намудаам, хоҳам овард, чунки онҳо гӯш надоданд».

32 Ва Ирмиё тӯмори дигаре гирифта, ба Борух ибни Нериёи котиб дод, ва ӯ ҳамаи суханони тӯмореро, ки Еҳӯёқим подшоҳи Яҳудо ба оташ сӯзонида буд, аз забони Ирмиё дар он бинавишт, ва боз бар онҳо суханони бисьёре монанди онҳо илова карда шуд.

37

БОБИ СИЮ ҲАФТУМ

Ирмиё дар замони подшоҳ Сидқиё дар бандихона андохта шуд.

1 Ва ба ҷои Коньё ибни Еҳӯёқим подшоҳ Сидқиё ибни Йӯшиё, ки ӯро Набукаднесар подшоҳи Бобил бар замини Яҳудо ба подшоҳӣ бардошта буд, подшоҳӣ кард.

2 Ва ӯ ва бандагони ӯ ва қавми замин ба суханони Худованд, ки ба воситаи Ирмиёи набӣ гуфта буд, гӯш надоданд.

3 Ва подшоҳ Сидқиё Еҳукал ибни Шелемьё ва Сафаньё ибни Маасёеи коҳинро назди Ирмиёи набӣ фиристод, ки бигӯянд: «Лутфан, барои мо пеши Худованд Худои мо дуо бигӯй».

4 Ва Ирмиё дар миёни қавм даробаро дошт, чунки ӯро ҳанӯз дар зиндон наандохта буданд.

5 Ва лашкари фиръавн аз Миср берун омаданд, ва калдониёне ки Ерусалимро мусаххар карда буданд, овозаи омадомади онҳоро шунида, аз Ерусалим ақиб нишастанд.

6 Ва каломи Худованд бар Ирмиёи набӣ нозил шуда, гуфт:

7 «Худованд, Худои Исроил чунин мегӯяд: ба подшоҳи Яҳудо, ки шуморо назди ман фиристодааст, то аз ман илтимос кунед, чунин бигӯед: инак, лашкари фиръавн, ки ба ёрмандии шумо берун омадаанд, ба замини худ, ба Миср хоҳанд баргашт.

8 Ва калдониён бозгашта, бар зидди ин шаҳр ҷанг хоҳанд кард, ва онро забт намуда, ба оташ хоҳанд сӯзонид.

9 Худованд чунин мегӯяд: худро фирефта карда, нагӯед, ки „калдониён аз пеши мо ҳатман хоҳанд рафт“, зеро ки онҳо нахоҳанд рафт.

10 Агар шумо ҳатто тамоми лашкари калдониёнро, ки бар зидди шумо меҷанганд, торумор мекардед, ба тавре ки аз онҳо фақат маҷрӯҳон боқӣ мемонданд, дар он сурат ҳам онҳо ҳар яке аз хаймаҳои худ бархоста, ин шаҳрро ба оташ месӯзониданд».

11 Ва воқеъ шуд вақте ки лашкари калдониён аз боиси лашкари фиръавн ақиб менишастанд,

12 Ирмиё аз Ерусалим берун омад, то ки ба замини Биньёмин биравад ва дар он ҷо ҳиссаи худро аз миёни қавм бигирад.

13 Ва ҳангоме ки ӯ ба дарвозаи Биньёмин расид, дар он ҷо сардори посбонон, ки Иръиё ибни Шелемьё ном дошт, Ирмиёи набиро дастгир карда, гуфт: «Ту мехоҳӣ ба калдониён таслим шавӣ!»

14 Ва Ирмиё гуфт: «Дурӯғ мегӯӣ! Ман намехоҳам ба калдониён таслим шавам!» Вале вай ба ӯ гӯш надод; ва Иръиё Ирмиёро дастгир карда, назди мирон овард.

15 Ва мирон бар Ирмиё хашм гирифта, ӯро заданд; ва ӯро дар хонаи Еҳӯнотони котиб ба бандихона андохтанд, зеро ки онро ба ҳабсхона табдил дода буданд.

16 Ва Ирмиё дар зиндони зеризаминӣ ба яке аз ҳуҷраҳо дохил шуд, ва дар он ҷо Ирмиё рӯзҳои бисьёр нишаст.

17 Ва подшоҳ Сидқиё кас фиристода, ӯро овард, ва подшоҳ дар хонаи худ ба таври ниҳонӣ аз ӯ пурсида, гуфт: «Оё каломе аз ҷониби Худованд ҳаст?» Ва Ирмиё гуфт: «Ҳаст», ва гуфт: «Ту ба дасти подшоҳи Бобил супурда хоҳӣ шуд».

18 Ва Ирмиё ба подшоҳ Сидқиё гуфт: «Ман пеши ту, ва пеши бандагони ту, ва пеши ин қавм чӣ гуноҳ кардам, ки маро дар зиндон андохтед?

19 Ва анбиёи шумо куҷоянд, ки ба шумо нубувват намуда гуфта буданд: „Подшоҳи Бобил ба муқобили шумо ва ба муқобили ин замин нахоҳад омад“?

20 Ва акнун, эй оғоям подшоҳ, бишнав: бигзор истиғосаи ман пеши ту мақбул афтад, ва ту маро ба хонаи Еҳӯнотони котиб барнагардон, то ки ман дар он ҷо намирам».

21 Ва подшоҳ Сидқиё амр фармуд, ва Ирмиёро дар саҳни посгоҳ бандӣ карданд, ва ҳар рӯз ба ӯ аз растаи нонвоён якто нон медоданд, то вақте ки тамоми нон аз шаҳр тамом шуд. Ва Ирмиё дар саҳни посгоҳ монд.

38

БОБИ СИЮ ҲАШТУМ

Ирмиё дар чоҳ. Ӯ ба подшоҳ машварат медиҳад, ки ба душман муқобилият накунад.

1 Ва Шафатьё ибни Маттон ва Ҷадальё ибни Пашҳур ва Юхал ибни Шелемьё ва Пашҳур ибни Малкиё суханони Ирмиёро шуниданд, ки ба тамоми қавм рӯ оварда, мегуфт:

2 «Худованд чунин мегӯяд: касе ки дар ин шаҳр бимонад, аз шамшер, қаҳтӣ ва вабо хоҳад мурд; ва ҳар кӣ назди калдониён биравад, хоҳад зист, ва ҷонаш барои вай ғанимат гардида, зинда хоҳад монд.

3 Худованд чунин мегӯяд: ин шаҳр ҳатман ба дасти лашкари подшоҳи Бобил супурда хоҳад шуд, ва ӯ онро забт хоҳад кард».

4 Ва мирон ба подшоҳ гуфтанд: «Бигзор ин шахс ба қатл расонида шавад, зеро дастҳои ҷанговаронеро, ки дар ин шаҳр боқӣ мондаанд, ва дастҳои тамоми қавмро суст мекунад, чунки чунин суханро ба онҳо мегӯяд; зеро ин шахс барои ин қавм осоиштагиро не, балки мусибатро металабад».

5 Ва подшоҳ Сидқиё гуфт: «Инак, ӯ дар дасти шумост, зеро ки подшоҳ бар хилофи шумо наметавонад коре кунад».

6 Ва Ирмиёро гирифта, дар чоҳи Малкиёи писари подшоҳ, ки дар саҳни посгоҳ буд, андохтанд, ва Ирмиёро бо таноб фурӯд оварданд, ва дар чоҳ об набуд, балки лӯш буд, ва Ирмиё дар лӯш ғӯтид.

7 Ва Абдумалики Ҳабашӣ, ки дар хонаи подшоҳ хоҷасарой буд, шунид, ки Ирмиёро дар чоҳ андохтаанд; ва подшоҳ назди дарвозаи Биньёмин нишаста буд.

8 Ва Абдумалик аз хонаи подшоҳ берун омад ва ба подшоҳ рӯ оварда, гуфт:

9 «Эй оғоям подшоҳ! Ин одамон бо ҳар чи дар ҳаққи Ирмиёи набӣ карда, ӯро дар чоҳ андохтаанд, шарирона амал намудаанд, ва ӯ он ҷо аз гуруснагӣ хоҳад мурд, зеро ки дар шаҳр дигар нон нест».

10 Ва подшоҳ ба Абдумалики Ҳабашӣ амр фармуда, гуфт: «Сӣ нафар аз ин ҷо ҳамроҳи худ бигир ва Ирмиёи набиро, пеш аз он ки бимирад, аз чоҳ берун овар».

11 Ва Абдумалик одамонро ҳамроҳи худ гирифт, ва дар хонаи подшоҳ ба таҳхонаи хазина даромад, ва аз он ҷо латтапораҳо ва либосҳои кӯҳнаро гирифт, ва бо таноб онҳоро назди Ирмиё дар чоҳ фурӯд овард.

12 Ва Абдумалики Ҳабашӣ ба Ирмиё гуфт: «Ин латтапораҳо ва либоси кӯҳнаро зери қӯлтуқат аз таги таноб бимон». Ва Ирмиё ҳамин тавр кард.

13 Ва Ирмиёро бо таноб кашиданд, ва ӯро аз чоҳ берун оварданд, ва Ирмиё дар саҳни посгоҳ монд.

14 Ва подшоҳ Сидқиё кас фиристода, Ирмиёи набиро ба воситаи даромадгоҳи сеюме ки дар хонаи Худо буд, назди худ оваронид; ва подшоҳ ба Ирмиё гуфт: «Ман аз ту чизе мепурсам, аз ман ҳеҷ чизро пинҳон надор».

15 Ва Ирмиё ба Сидқиё гуфт: «Агар ба ту бигӯям, ту, охир, маро хоҳӣ кушт, ва агар машварате ба ту бидиҳам, ту, охир, маро нахоҳӣ шунид!»

16 Ва подшоҳ Сидқиё ба таври ниҳонӣ ба Ирмиё қасам хӯрда, гуфт: «Ба ҳаёти Худованде ки барои мо ин ҷонро офаридааст, қасам ки ман туро нахоҳам кушт ва ба дасти ин одамоне ки толиби ҷони ту ҳастанд, нахоҳам супурд».

17 Ва Ирмиё ба Сидқиё гуфт: «Худованд, Худои лашкарҳо, Худои Исроил чунин мегӯяд: агар ту назди мирони подшоҳи Бобил берун оӣ, чони ту зинда хоҳад монд, ва ин шаҳр ба оташ сӯзонида нахоҳад шуд, ва ту ва аҳли байти ту хоҳед зист;

18 Ва агар назди мирони подшоҳи Бобил берун наоӣ, ин шаҳр ба дасти калдониён супурда хоҳад шуд, ва онҳо онро ба оташ хоҳанд сӯзонид, ва ту аз дасти онҳо раҳо нахоҳӣ шуд».

19 Ва подшоҳ Сидқиё ба Ирмиё гуфт: «Ман аз яҳудиёне ки назди калдониён гурехтаанд, метарсам: мабодо маро ба дасти онҳо супоранд, ва онҳо маро таҳқир намоянд».

20 Ва Ирмиё гуфт: «Нахоҳанд супурд; дар он чи ман ба ту мегӯям, овози Худовандро бишнав, ва барои ту некӯ хоҳад буд, ва ҷонат зинда хоҳад монд.

21 Вале агар ту аз берун омадан сар тобӣ, ин аст каломе ки Худованд ба ман зоҳир намуд:

22 „Инак, ҳамаи заноне ки дар хонаи подшоҳи Яҳудо боқӣ мондаанд, назди мирони подшоҳи Бобил бурда хоҳанд шуд, ва онҳо хоҳанд гуфт:

дӯстонат туро иғво андохта, бар ту ғолиб омаданд;

пойҳои ту дар ботлоқ ғӯтидааст, онҳо ақиб рафтаанд.

23 Ва ҳамаи занонат ва фарзандонатро назди калдониён хоҳанд баровард, ва ту аз дасти онҳо халосӣ нахоҳӣ ёфт, зеро ки ба дасти подшоҳи Бобил хоҳӣ афтод, ва ин шаҳр ба оташ сӯзонида хоҳад шуд“».

24 Ва Сидқиё ба Ирмиё гуфт: «Бигзор ҳеҷ кас аз ин суханон воқиф нашавад, ва он гоҳ ту нахоҳӣ мурд;

25 Вале агар мирон бишнаванд, ки бо ту гуфтугӯ кардаам, ва назди ту омада, ба ту бигӯянд: „Лутфан, он чиро, ки ба подшоҳ гуфтӣ, ва он чиро, ки подшоҳ ба ту гуфт, ба мо бигӯй, онро аз мо пинҳон надор, то ки туро ба қатл нарасонем“, —

26 Пас ба онҳо бигӯй: „Ман истиғосаи худро ба ҳузури подшоҳ баён намудам, то ки маро ба хонаи Еҳӯнотон барнагардонад, ки дар он ҷо бимирам“».

27 Ва ҳамаи мирон назди Ирмиё омада, аз ӯ пурсиданд, ва ӯ бар тибқи ҳамаи ин суханоне ки подшоҳ амр фармуда буд, ба онҳо гуфт, ва онҳо дигар чизе нагуфта, ӯро ба ҳоли худ гузоштанд, чунки аз мусоҳибаи ӯ вуқуф наёфтанд.

28 Ва Ирмиё то рӯзи забт гардидани Ерусалим дар саҳни посгоҳ монд. Ва Ерусалим забт гардид.

39

БОБИ СИЮ НӮҲУМ

Ба таври қатъӣ ба асирӣ рафтани Яҳудо.

Сидқиё кӯр карда, ба асирӣ бурда шуд.

1 Дар соли нӯҳуми Сидқиё подшоҳи Яҳудо, дар моҳи даҳум, Набукаднесар подшоҳи Бобил ва тамоми лашкари ӯ назди Ерусалим омада, онро муҳосира карданд.

2 Дар соли ёздаҳуми Сидқиё, дар моҳи чорум, дар рӯзи нӯҳуми моҳ, ҳисори шаҳр рахна карда шуд.

3 Ва ҳамаи мирони подшоҳи Бобил омада, дар дарвозаи миёна ҷойгир шуданд, чунончи: Нерҷал Саръэсер, Самҷар‐Небу, сардори хоҷасароён Сарсеким, сардори маҷусиён Нерҷал Саръэсер ва ҳамаи мирони дигари подшоҳи Бобил.

4 Ва ҳангоме ки Сидқиё подшоҳи Яҳудо ва ҳамаи ҷанговарон онҳоро диданд, гурехта, бо роҳи боғи подшоҳ аз дарвозае ки дар миёни ду ҳисор буд, шабона аз шаҳр берун рафтанд; ва ӯ ба роҳи биёбон баромад.

5 Ва лашкари калдониён онҳоро таъқиб карданд; ва дар чӯли Ериҳӯ ба Сидқиё расида гирифтанд; ва ӯро дастгир намуда, назди Набукаднесар подшоҳи Бобил ба Рибло, ки дар замини Ҳамот аст, оварданд; ва дар ҳаққи ӯ ҳукми худро эълон кард.

6 Ва подшоҳи Бобил писарони Сидқиёро дар Рибло дар пеши назари ӯ қатл кард; ва ҳамаи мирони Яҳудоро подшоҳи Бобил ба қатл расонид;

7 Ва чашмони Сидқиёро кӯр кард; ва ӯро занҷирбанд намуд, то ки ӯро ба Бобил барад.

8 Ва хонаи подшоҳ ва хонаҳои қавмро калдониён ба оташ сӯзониданд, ва ҳисорҳои Ерусалимро хароб карданд.

9 Ва бақияи қавмро, ки дар шаҳр монда буданд, ва гурезпоёнро, ки ба тарафи ӯ гузашта буданд, ва бақияи қавмро, ки монда буданд, сардори посбонони шахсии ӯ — Набузаръадон — ба Бобил ба асирӣ бурд.

10 Вале бенавоёни қавмро, ки ҳеҷ чиз надоштанд, сардори посбонон Набузаръадон дар замини Яҳудо вогузошт, ва ҳамон рӯз ба онҳо токзорҳо ва киштзорҳо дод.

11 Ва дар бораи Ирмиё Набукаднесар подшоҳи Бобил ба сардори посбонон Набузаръадон амр фармуда, гуфт:

12 «Ӯро бигир, ва бар ӯ назари некӯ бикун, ва ба ӯ ҳеҷ осебе нарасон, балки ҳар чи ба ту бигӯяд, барояш ба амал овар».

13 Ва сардори посбонон Набузаръадон, ва сардори хоҷасароён Набушазбон, ва сардори маҷусиён Нерҷал Саръэсер, ва тамоми акобири подшоҳи Бобил кас фиристоданд,

14 Ва фиристода, Ирмиёро аз саҳни посгоҳ гирифтанд, ва ӯро ба Ҷадальё ибни Аҳиқом ибни Шофон супурданд, то ки ба хонааш барад; ва ӯ дар миёни қавм сокин шуд.

15 Ва бар Ирмиё, ҳангоме ки ӯ дар саҳни посгоҳ маҳбус буд, каломи Худованд нозил шуда, гуфт:

16 «Бирав ва ба Абдумалики Ҳабашӣ бигӯй: „Худованди лашкарҳо, Худои Исроил чунин мегӯяд: инак, Ман суханони Худро дар бораи ин шаҳр ба бадӣ иҷро менамоям ва на ба некӣ; ва онҳо дар он рӯз дар пеши назари ту ба амал хоҳад омад;

17 Вале туро дар он рӯз раҳо хоҳам кард, — мегӯяд Худованд, — ва ба дасти касоне ки ту аз онҳо метарсӣ, супурда нахоҳӣ шуд,

18 Зеро ки туро ҳатман халосӣ хоҳам дод, ва ту ба дами шамшер нахоҳӣ афтод, ва ҷонат барои ту ғанимат хоҳад гардид, чунки ту ба Ман таваккал кардӣ, — мегӯяд Худованд“».

40

БОБИ ЧИЛУМ

Ирмиё дар Яҳудо назди Ҷадальёи волӣ мемонад.

1 Каломе ки бар Ирмиё аз ҷониби Худованд нозил шуд, баъд аз он ки сардори посбонон Набузаръадон ӯро аз Ромо озод кард, ҳангоме ки ӯро дар ҳолате гирифт, ки дар миёни ҳамаи асирони Ерусалим ва Яҳудо, ки ба Бобил ронда мешуданд, бо занҷирҳо баста шуда буд.

2 Ва сардори посбонон Ирмиёро гирифта, ба ӯ гуфт: «Худованд Худои ту ин мусибатро дар бораи ин макон баён намудааст,

3 Ва Худованд онро оварда, гуфтаи Худро иҷро кардааст, чунки шумо ба ҳузури Худованд гуноҳ кардаед ва ба овози Ӯ гӯш надодаед, ба ин сабаб ин мусибат бар шумо омадааст.

4 Пас инак, ман туро имрӯз аз занҷирҳое ки бар дастҳои туст, озод мекунам: агар хоҳӣ, ки бо ман ба Бобил биёӣ, — биё, ва ман дар ҳаққи ту ғамхорӣ хоҳам кард; ва агар нахоҳӣ, ки бо ман ба Бобил биёӣ, ин ҷо бимон. Инак, тамоми замин пеши туст: ҳар куҷо, ки бихоҳӣ, ва ҳар куҷо, ки ба ту маъқул бошад биравӣ, — ба он ҷо бирав».

5 Ва ҳанӯз ӯ ҷавобе нагардонда буд, ки вай гуфт: «Назди Ҷадальё ибни Аҳиқом ибни Шофон, ки ӯро подшоҳи Бобил бар шаҳрҳои Яҳудо волӣ таъин намудааст, баргард ва бо ӯ дар миёни қавм сокин шав, ё ҳар куҷо, ки ба ту маъқул бошад биравӣ, — бирав». Ва сардори посбонон ба ӯ хӯрокворӣ ва инъом дода, ӯро ҷавоб дод.

6 Ва Ирмиё назди Ҷадальё ибни Аҳиқом ба Мисфо омада, бо ӯ дар миёни қавме ки дар мамлакат боқӣ монда буданд, сокин шуд.

7 Ва чун ҳамаи лашкарбошиҳое ки дар саҳро буданд, — худашон ва одамонашон, — шуниданд, ки подшоҳи Бобил Ҷадальё ибни Аҳиқомро дар мамлакат волӣ таъин намудааст, ва мардону занону кӯдакон, яъне бенавоёни мамлакатро аз байни онҳое ки ба Бобил бурда нашудаанд, ба ӯ супурдааст, —

8 Онҳо назди Ҷадальё ба Мисфо омаданд, чунончи: Исмоил ибни Натаньё, ва Йӯҳонон ва Йӯнотон писарони Қореаҳ, ва Сароё ибни Танҳумет, ва писарони Эйфои Натӯфотӣ, ва Езаньё ибни Маахотӣ, — худашон ва одамонашон.

9 Ва Ҷадальё ибни Аҳиқом ибни Шофон ба онҳо ва одамонашон қасам хӯрда гуфт: «Аз бандагӣ кардан ба калдониён натарсед, дар замин сокин шавед, ва ба подшоҳи Бобил бандагӣ намоед, ва барои шумо хуб хоҳад шуд;

10 Ва ман инак дар Мисфо хоҳам буд, то ба ҳузури калдониёне ки назди мо меоянд, биистам; вале шумо шароб ва меваҷот ва равған ҷамъ оварда, дар зарфҳои худ захира кунед, ва дар шаҳрҳои худ, ки онҳоро ишғол намудаед, сокин шавед».

11 Ва чун ҳамаи яҳудиёне ки дар Мӯоб ва дар миёни банӣ‐Аммӯн ва дар Адӯм ва дар ҳамаи кишварҳо буданд, шуниданд, ки подшоҳи Бобил як қисми Яҳудоро вогузоштааст ва бар онҳо Ҷадальё ибни Аҳиқом ибни Шофонро волӣ таъин намудааст,

12 Ҳамаи яҳудиён аз ҳамаи маконҳое ки пароканда шуда буданд, баргаштанд ва ба замини Яҳудо назди Ҷадальё ба Мисфо омаданд, ва шароб ва меваҷоти бағоят зиёде ҷамъ оварданд.

13 Ва Йӯҳонон ибни Қореаҳ ва ҳамаи лашкарбошиҳое ки дар саҳро буданд, назди Ҷадальё ба Мисфо омаданд,

14 Ва ба ӯ гуфтанд: «Оё ту медонӣ, ки Баалис подшоҳи банӣ‐Аммӯн Исмоил ибни Натаньёро фиристодааст, то ки туро бикушад?» Вале Ҷадальё ибни Аҳиқом ба гапи онҳо бовар накард.

15 Ва Йӯҳонон ибни Қореаҳ ба Ҷадальё дар Мисфо ба таври ниҳонӣ сухан ронда, гуфт: «Лутфан, маро бигзор, ки рафта, Исмоил ибни Натаньёро бикушам, ва касе хабардор нахоҳад шуд; чаро ӯ туро бикушад, ва ҳамаи яҳудиёне ки назди ту ҷамъ омадаанд, пароканда шаванд, ва бақияи Яҳудо талаф гардад?»

16 Валекин Ҷадальё ибни Аҳиқом ба Йӯҳонон ибни Қореаҳ гуфт: «Ин корро накун, зеро ки ту дар бораи Исмоил дурӯғ мегӯӣ».

41

БОБИ ЧИЛУ ЯКУМ

Нубуввати Ирмиё барои онҳое ки дар Яҳудо монда буданд.

1 Ва дар моҳи ҳафтум воқеъ шуд, ки Исмоил ибни Натаньё ибни Элишомоъ, ки аз насли шоҳон ва аз акобири подшоҳ буд, ва ҳамроҳаш даҳ одам назди Ҷадальё ибни Аҳиқом ба Мисфо омаданд, ва дар ин ҷо дар Мисфо бо ҳам нон хӯрданд.

2 Ва Исмоил ибни Натаньё бархост, ва он даҳ нафар, ки ҳамроҳаш буданд, Ҷадальё ибни Аҳиқом ибни Шофонро бо шамшер заданд; ва ӯро, ки подшоҳи Бобил бар мамлакат волӣ таъин карда буд, кушт.

3 Ва Исмоил ҳамаи яҳудиёнеро, ки бо ӯ, яъне бо Ҷадальё, дар Мисфо буданд, ва ҷанговарони калдониро, ки дар он ҷо ёфт шуданд, кушт.

4 Ва дар рӯзи дуюм, баъд аз он ки Ҷадальё кушта шуда буд, ва ҳеҷ кас аз ин хабар надошт,

5 Ҳаштод нафар одамони ришҳошон тарошида, либосҳошон чокзада ва баданҳошон харошида аз Шакем, Шилӯ ва Сомария омаданд, ва дар дасташон ҳадияҳо ва лебӯно буд, ки онро мехостанд ба хонаи Худованд биёранд.

6 Ва Исмоил ибни Натаньё аз Мисфо ба пешвози онҳо баромад, дар ҳолате ки роҳ мерафт ва мегирист; ва ҳангоме ки бо онҳо вохӯрд, ба онҳо гуфт: «Назди Ҷадальё ибни Аҳиқом биравед».

7 Ва ҳамин ки онҳо андаруни шаҳр дохил шуданд, Исмоил ибни Натаньё ва одамоне ки ҳамроҳи ӯ буданд, онҳоро кушта, ба даруни чоҳ андохтанд.

8 Вале дар миёни онҳо даҳ нафар ёфт шуданд, ки ба Исмоил гуфтанд: «Моро накуш, зеро ки мо дар саҳро захираҳои ниҳонии гандум, ва ҷав, ва равған, ва асал дорем». Ва ӯ онҳоро вогузошта, дар миёни бародаронашон накушт.

9 Ва чоҳе ки Исмоил ҳамаи ҷасадҳои одамони аз барои Ҷадальё куштаи худро дар он андохт, ҳамон буд, ки подшоҳ Осо аз тарси Баъшо подшоҳи Исроил сохта буд; онро Исмоил ибни Натаньё аз кушташудагон пур кард.

10 Ва Исмоил тамоми бақияи қавмро, ки дар Мисфо буданд: духтарони подшоҳ ва тамоми қавмеро, ки дар Мисфо боқӣ монда буданд, ва сардори посбонон Набузаръадон онҳоро ба Ҷадальё ибни Аҳиқом супурда буд, ба асирӣ гирифт, ва Исмоил ибни Натаньё онҳоро ба асирӣ гирифта, равона шуд, то ки ба тарафи банӣ‐Аммӯн бигзарад.

11 Валекин Йӯҳонон ибни Қореаҳ ва ҳамаи лашкарбошиҳое ки бо ӯ буданд, аз тамоми шарорате ки Исмоил ибни Натаньё ба амал оварда буд, хабар ёфтанд,

12 Ва ҳамаи одамони худро гирифта, равона шуданд, то ки ба муқобили Исмоил ибни Натаньё ҷанг кунанд; ва ӯро назди обанбори бузурге ки дар Ҷибъӯн аст, ёфтанд.

13 Ва чун тамоми қавме ки бо Исмоил буданд, Йӯҳонон ибни Қореаҳ ва ҳамаи лашкарбошиҳои бо ӯ бударо диданд, шод шуданд;

14 Ва тамоми қавме ки Исмоил аз Мисфо ба асирӣ гирифта буд, аз вай рӯй гардонда баргаштанд ва назди Йӯҳонон ибни Қореаҳ омаданд.

15 Ва Исмоил ибни Натаньё бо ҳашт нафар аз дасти Йӯҳонон ибни Қореаҳ гурехта, назди банӣ‐Аммӯн рафт.

16 Ва Йӯҳонон ибни Қореаҳ бо ҳамаи лашкарбошиҳое ки бо ӯ буданд, тамоми бақияи қавмро, ки аз дасти Исмоил ибни Натаньё аз Мисфо баъд аз қатли Ҷадальё ибни Аҳиқом озод карда буд, гирифт, яъне мардон, ҷанговарон ва занон ва кӯдакон ва хоҷасароёнро, ки дар Ҷибъӯн озод карда буд,

17 Ва онҳо рафта, дар деҳаи Кимҳом, ки дар наздикии Байт‐Лаҳм аст, манзил гирифтанд, то ки ба Миср бираванд

18 Аз дасти калдониён, чунки аз онҳо метарсиданд, зеро Исмоил ибни Натаньё Ҷадальё ибни Аҳиқомро, ки подшоҳи Бобил ӯро бар мамлакат волӣ таъин намуда буд, кушта буд.

42

БОБИ ЧИЛУ ДУЮМ

Ирмиё ба Йӯҳонон ва дигарон ба Миср рафтанро манъ мекунад.

1 Ва ҳамаи лашкарбошиҳо, ва Йӯҳонон ибни Қореаҳ, ва Езаньё ибни Ҳӯшаъё, ва тамоми қавм аз хурд то калон пеш омаданд

2 Ва ба Ирмиёи набӣ гуфтанд: «Бигзор истиғосаи мо ба ҳузури ту мақбул афтад, ва ту барои мо, барои тамоми ин бақия назди Худованд Худои худ дуо гӯӣ, зеро ки мо каме аз бисьёр боқӣ мондаем, чунон ки чашмонат моро мебинад;

3 Ва бигзор Худованд Худои ту роҳеро, ки бояд бо он биравем, ва кореро, ки бояд бикунем, ба мо нишон диҳад».

4 Ва Ирмиёи набӣ ба онҳо гуфт: «Шунидам; инак, ман назди Худованд Худои шумо бар тибқи гуфтори шумо дуо хоҳам гуфт, ва ҳар чи Худованд дар ҷавоби шумо бигӯяд, ба шумо эълон хоҳам намуд, ва ҳеҷ чизе аз шумо пинҳон нахоҳам дошт».

5 Ва онҳо ба Ирмиё гуфтанд: «Бигзор Худованд дар миёни мо шоҳиди рост ва амин бошад, ки мо бар тибқи ҳар он чи Худованд Худои ту ба воситаи ту назди мо бифиристад, амал хоҳем кард:

6 Хоҳ некӯ бошад ва хоҳ бад, лекин ба овози Худованд Худои мо, ки мо туро назди Ӯ мефиристем, гӯш хоҳем дод, то ки барои мо некӯ бишавад, вақте ки ба овози Худованд Худои мо гӯш диҳем».

7 Ва пас аз даҳ рӯз воқеъ шуд, ки каломи Худованд бар Ирмиё нозил шуд.

8 Ва ӯ Йӯҳонон ибни Қореаҳ ва ҳамаи лашкарбошиҳое ки бо ӯ буданд, ва тамоми қавмро аз хурд то калон даъват намуд,

9 Ва ба онҳо гуфт: «Худованд, Худои Исроил, ки маро назди Ӯ фиристодед, то истиғосаи шуморо ба Ӯ бирасонам, чунин мегӯяд:

10 Агар шумо дар ин замин бимонед, Ман шуморо бино намуда, хароб нахоҳам кард, ва шуморо мисли ниҳоле шинонда, решакан нахоҳам кард, зеро аз мусибате ки бар шумо овардам, таассуф менамоям.

11 Аз подшоҳи Бобил, ки аз ӯ бим доред, натарсед; аз ӯ наҳаросед, — мегӯяд Худованд, — зеро ки Ман бо шумо ҳастам, то ки шуморо наҷот диҳам ва шуморо аз дасти ӯ раҳо намоям.

12 Ва Ман ба шумо раҳм хоҳам кард, то ки ӯ ба шумо марҳамат намояд, ва шуморо ба заминатон баргардонад.

13 Вале агар шумо гӯед: „Дар ин замин нахоҳем монд“, ва ба овози Худованд Худои худ гӯш надода,

14 Бигӯед: „Не, мо ба замини Миср хоҳем рафт, ки дар он ҷо рӯи ҷангро нахоҳем дид, ва садои шохро нахоҳем шунид, ва аз қаҳтии нон азоб нахоҳем кашид, ва дар он ҷо хоҳем зист“, —

15 Пас бинобар ин акнун, эй бақияи Яҳудо, каломи Худовандро бишнавед: Худованди лашкарҳо, Худои Исроил чунин мегӯяд: агар шумо ба рафтан ба Миср азм дошта бошед, ва рафта дар он ҷо сокин мешуда бошед,

16 Пас шамшере ки шумо аз он метарсед, он ҷо, дар замини Миср, шуморо хоҳад ёфт, ва қаҳтие ки шумо аз он хавотир доред, он ҷо, дар Миср, шуморо таъқиб хоҳад кард, ва дар он ҷо хоҳед мурд.

17 Ва ҳамаи одамоне ки ба рафтан ба Миср азм доранд, то ки дар он ҷо сокин шаванд, аз шамшер, қаҳтӣ ва вабо хоҳанд мурд, ва ҳеҷ яке аз онҳо аз мусибате ки Ман бар онҳо хоҳам овард, боқӣ нахоҳад монд ва раҳо нахоҳад шуд.

18 Зеро ки Худованди лашкарҳо, Худои Исроил чунин мегӯяд: чунон ки хашми Ман ва ғазаби Ман бар сокинони Ерусалим фурӯ рехтааст, ончунон хашми Ман бар шумо, вақте ки ба Миср оед, фурӯ хоҳад рехт, ва шумо мавриди лаънат ва даҳшат ва нафрин ва нанг хоҳед шуд, ва ин маконро дигар нахоҳед дид.

19 Худованд дар бораи шумо, эй бақияи Яҳудо, гуфт: „Ба Миср наравед! Яқин бидонед, ки Ман имрӯз шуморо таъкид намудам“.

20 Зеро шумо ҷонҳои худро дар иштибоҳ андохтед: шумо маро назди Худованд Худои худ фиристода, гуфтед: „Барои мо назди Худованд Худои мо дуо гӯй, ва ҳар чи Худованд Худои мо бигӯяд, ба мо эълон намо, ва мо бар тибқи он амал хоҳем кард“.

21 Ва ман имрӯз ба шумо эълон намудам, вале шумо ба овози Худованд Худои худ ва ба ҳар чи Ӯ ба воситаи ман ба шумо фиристод, гӯш надодед.

22 Пас акнун бидонед, ки шумо дар маконе ки мехоҳед биравед ва дар он ҷо сокин шавед, аз шамшер, қаҳтӣ ва вабо хоҳед мурд».

43

БОБИ ЧИЛУ СЕЮМ

Ирмиё бо зӯрӣ ба Миср бурда шуд.

1 Ва чун Ирмиё ба тамоми қавм гуфтани ҳамаи суханони Худованд Худои онҳоро, ки ба воситаи ӯ Худованд Худои онҳо ба онҳо фиристода буд, яъне гуфтани ҳамаи он суханонро ба анҷом расонид,

2 Он гоҳ Азарьё ибни Ҳӯшаъё, ва Йӯҳонон ибни Қореаҳ ва ҳамаи одамони густох ба Ирмиё гуфтанд: «Ту дурӯғ мегӯӣ; Худованд Худои мо туро нафиристодааст, ки бигӯӣ: „Ба Миср наравед, то ки дар он ҷо сокин шавед“;

3 Балки Борух ибни Нериё туро ба муқобили мо иғво андохтаахт, то ки моро ба дасти калдониён таслим намоӣ, ва онҳо моро бикушанд, ва моро ба Бобил ба асирӣ бибаранд».

4 Пас Йӯҳонон ибни Қореаҳ, ва ҳамаи лашкарбошиҳо, ва тамоми қавм ба овози Худованд гӯш надоданд, то ки дар замини Яҳудо бимонанд,

5 Балки Йӯҳонон ибни Қореаҳ ва ҳамаи лашкарбошиҳо тамоми бақияи Яҳудоро, ки аз миёни ҳамаи халқҳое ки дар байнашон пароканда шуда буданд, баргашта, дар замини Яҳудо сокин шуда буданд,

6 Яъне мардон ва занон ва кӯдакон ва духтарони подшоҳ ва ҳамаи онҳоеро, ки сардори посбонон Набузаръадон назди Ҷадальё ибни Аҳиқом ибни Шофон боқӣ гузошта буд, ва Ирмиёи набӣ ва Борух ибни Нериёро гирифтанд,

7 Ва ба замини Миср рафтанд, зеро ки ба овози Худованд гӯш надоданд; ва ба Таҳфанҳес расиданд.

Масал дар бораи сангҳои пинҳон.

8 Ва каломи Худованд дар Таҳфанҳес бар Ирмиё нозил шуда, гуфт:

9 «Ба дасти худ сангҳои калоне бигир, ва онҳоро дар гили хиштрезӣ, ки назди дарвозаи хонаи фиръавн дар Таҳфанҳес аст, дар пеши назари мардуми яҳудӣ пинҳон кун,

10 Ва ба онҳо бигӯй: Худованди лашкарҳо, Худои Исроил чунин мегӯяд: инак, Ман фиристода, бандаи Худ Набукаднесар подшоҳи Бобилро хоҳам гирифт, ва тахти ӯро бар ин сангҳое ки Ман пинҳон кардаам, хоҳам гузошт, ва ӯ саропардаи худро бар онҳо хоҳад барафрошт;

11 Ва омада, замини Мисрро зарба хоҳад зад: он ки маҳкум ба марг аст — ба марг, ва он ки маҳкум ба асирист — ба асирӣ, ва он ки маҳкум ба шамшер аст — ба шамшер дучор хоҳад шуд.

12 Ва дар хонаҳои худоёни Миср оташ хоҳам зад, ва ӯ онҳоро хоҳад сӯзонид ва ба асирӣ хоҳад бурд, ва ғанимати замини Мисрро дар бар хоҳад кард, чунон ки чӯпон либоси худро дар бар мекунад, ва аз он ҷо ба саломатӣ берун хоҳад рафт.

13 Ва сутунҳои Байт‐Шамсро, ки дар замини Миср аст, хароб хоҳад кард, ва хонаҳои худоёни Мисрро ба оташ хоҳад сӯзонид».

44

БОБИ ЧИЛУ ЧОРУМ

Муроҷиат ба онҳое ки дар Миср сокин шудаанд.

1 Каломе ки дар бораи ҳамаи яхудиёне ки дар замини Миср сукунат доштанд, яъне дар Миҷдӯл ва Таҳфанҳес ва Нӯф ва замини Патрӯс сокин буданд, бар Ирмиё нозил шуда, гуфт:

2 «Худованди лашкарҳо, Худои Исроил чунин мегӯяд: шумо тамоми мусибатеро, ки Ман бар Ерусалим ва бар ҳамаи шаҳрҳои Яҳудо овардам, дидед; ва инак, имрӯз хароб шудааст, ва сокине дар онҳо нест,

3 Аз сабаби шарорате ки онҳо ба амал оварданд, то Маро ба ғазаб оваранд, яъне рафта, барои худоёни дигар бухур сӯзониданд ва ибодат карданд, ки онҳоро на худашон мешинохтанд, на шумо ва на падарони шумо.

4 Ва Ман ҳамаи бандагони Худ — анбиёро назди шумо фиристодам, ҳар рӯз аз субҳидам фиристода, гуфтам: „Ин кори зиштро, ки Ман аз он нафрат дорам, накунед“.

5 Вале онҳо нашниданд ва гӯши худро хам накарданд, то ки аз шарорати худ баргарданд ва барои худоёни дигар бухур насӯзонанд.

6 Ва хашми Ман ва ғазаби Ман фурӯ рехта, дар шаҳрҳои Яҳудо ва кӯчаҳои Ерусалим аланга зад, ва онҳо вайрону валангор гардид, чунон ки имрӯз аст.

7 Ва акнун Худованд, Худои лашкарҳо, Худои Исроил чунин мегӯяд: чаро шумо шарорати азиме бар ҷонҳои худ ба амал меоваред, то ки дар миёни худ мард ва зан, кӯдак ва ширмакро аз Яҳудо талаф намоед, ва аз худ бақияе боқӣ нагузоред,

8 Дар ҳолате ки Маро бо аъмоли дастҳои худ ба ғазаб оварда, дар замини Миср, ки барои сукунат ба он ҷо омадаед, барои худоёни дигар бухур месӯзонед, то ки худро талаф намоед ва дар миёни ҳамаи халқҳои замин мавриди лаънат ва нанг гардед?

9 Оё шароратҳои падарони худ ва шароратҳои подшоҳони Яҳудо ва шароратҳои занони онҳо ва шароратҳои худ ва шароратҳои занони худро, ки дар замини Яҳудо ва дар кӯчаҳои Ерусалим ба амал оварданд, фаромӯш кардаед?

10 Онҳо то имрӯз гардан нафуровардаанд, ва натарсидаанд, ва бар тибқи шариати Ман ва фароизи Ман, ки пеши шумо ва пеши падарони шумо ниҳодаам, рафтор намекунанд.

11 Бинобар ин Худованди лашкарҳо, Худои Исроил чунин мегӯяд: инак, Ман рӯи Худро ба муқобили шумо барои ҳалокат мегардонам, то ки тамоми Яҳудоро талаф намоям;

12 Ва бақияи Яҳудоро, ки азм доранд ба замини Миср омада, дар он ҷо сокин шаванд, хоҳам гирифт, ва ҳамаи онҳо ба ҳалокат хоҳанд расид, дар замини Миср фурӯ хоҳанд ғалтид, аз шамшер ва қаҳтӣ талаф хоҳанд шуд, аз хурд то калон аз шамшер ва қаҳтӣ хоҳанд мурд, ва мавриди лаънат ва даҳшат ва нафрин ва нанг хоҳанд гардид.

13 Ва чунон ки Ерусалимро ҷазо додам, ончунон онҳоеро, ки дар замини Миср сокин шудаанд, бо шамшер, қаҳтӣ ва вабо ҷазо хоҳам дод.

14 Ва аз бақияи Яҳудо, ки ба замини Миср меоянд, то дар он ҷо сокин шаванд, ҳеҷ яке боқӣ нахоҳад монд ва раҳо нахоҳад шуд, то ба замини Яҳудо баргардад, ба замине ки ҷонашон орзуманди баргаштан ва дар он ҷо сокин шудан аст; зеро ҳеҷ яке нахоҳад баргашт, ғайр аз онҳое ки хоҳанд гурехт».

15 Ва ҳамаи мардоне ки медонистанд, ки занҳошон барои худоёни дигар бухур месӯзонанд, ва ҳамаи заноне ки бо издиҳоми бузурге истода буданд, ва тамоми қавме ки дар замини Миср, дар Патрӯс сокин буданд, ба Ирмиё ҷавоб дода, гуфтанд:

16 «Каломеро, ки ту ба исми Худованд ба мо гуфтӣ, аз ту нахоҳем шунид,

17 Балки ҳар чиро, ки аз даҳони мо баромадааст, ҳатман ба ҷо хоҳем овард: барои маликаи осмон бухур хоҳем сӯзонид ва ҳадияҳои рехтанӣ барои вай хоҳем рехт, чунон ки мо ва падарони мо, подшоҳони мо ва мирони мо дар шаҳрҳои Яҳудо ва дар кӯчаҳои Ерусалим мекардем; ва мо серона нон мехӯрдем, ва хушбахт будем, ва мусибате надидаем.

18 Вале аз замоне ки аз бухур сӯзонидан барои маликаи осмон ва аз рехтани ҳадияҳои рехтанӣ барои вай даст кашидем, мӯҳтоҷи ҳама чиз гаштем, ва аз шамшер ва қаҳтӣ талаф мешавем.

19 Ва ҳангоме ки мо барои маликаи осмон бухур месӯзонидем ва ҳадияҳои рехтанӣ барои вай мерехтем, оё бе розигии шавҳарони худ мо барои вай санбӯсаҳо бо тасвири вай мепухтем ва ҳадияҳои рехтанӣ барои вай мерехтем?»

20 Ва Ирмиё ба тамоми қавм, ба мардон ва занон ва тамоми қавме ки ба ӯ чунин ҷавоб гардонданд, гуфт:

21 «Оё ҳамон бухуре набуд, ки шумо дар шаҳрҳои Яҳудо ва дар кӯчаҳои Ерусалим сӯзондед, — шумо ва падарони шумо, подшоҳони шумо ва мирони шумо ва қавми мамлакат? Онро Худованд ба ёд овард ва ба дили худ гирифт.

22 Ва Худованд дигар натавонист ба аъмоли бади шумо ва ба корҳои зиште ки кардед, тоқат оварад; ва замини шумо харобазор шуда, мавриди даҳшат ва лаънат ва ғайримаскун гардид, чунон ки имрӯз аст.

23 Азбаски шумо бухур сӯзондед ва пеши Худованд гуноҳ кардед, ва ба овози Худованд гӯш надодед, ва бар тибқи шариати Ӯ ва фароизи Ӯ ва шаҳодоти Ӯ рафтор накардед, бинобар ин бар шумо ин мусибат омад, чунон ки имрӯз аст».

24 Ва Ирмиё ба тамоми қавм ва ба ҳамаи занон гуфт: «Каломи Худовандро бишнавед, эй тамоми Яҳудо, ки дар замини Миср мебошед!

25 Худованди лашкарҳо, Худои Исроил чунин мегӯяд: шумо ва занони шумо он чи бо даҳони худ гуфтаед, бо дастҳои худ ба ҷо меоваред ва мегӯед: „Назрҳоеро, ки кардаем, албатта ба ҷо оварда, барои маликаи осмон бухур хоҳем сӯзонид ва ҳадияҳои рехтанӣ барои вай хоҳем рехт“; шумо назрҳои худро албатта иҷро хоҳед кард, ва ба назрҳои худ вафо хоҳед намуд.

26 Бинобар ин каломи Худовандро бишнавед, эй тамоми Яҳудо, ки дар замини Миср сокин ҳастед: инак, Ман ба исми бузурги Худ қасам хӯрдаам, — мегӯяд Худованд, — ки исми Ман дигар ба даҳони ҳеҷ як марди Яҳудо дар тамоми замини Миср оварда нахоҳад шуд ва нахоҳанд гуфт: „Қасам ба ҳаёти Худованд Худо!“

27 Инак, Ман бар онҳо ба бадӣ назар хоҳам кард, ва на ба некӣ; ва ҳамаи мардони Яҳудо, ки дар замини Миср мебошанд, аз шамшер ва қаҳтӣ нобуд хоҳанд шуд, то даме ки тамоман талаф гарданд.

28 Фақат адади каме аз шамшер раҳо шуда, аз замини Миср ба замини Яҳудо хоҳанд баргашт, ва тамоми бақияи Яҳудо, ки ба замини Миср омадаанд, то дар он ҷо сокин шаванд, хоҳанд донист, ки каломи кӣ ба амал хоҳад омад: аз они Ман ё аз они онҳо.

29 Ва ин аст аломат барои шумо, — мегӯяд Худованд, — ки Ман шуморо дар ин макон ҷазо хоҳам дод, то бидонед, ки суханони Ман дар ҳаққи шумо ба бадӣ ба амал хоҳад омад.

30 Худованд чунин мегӯяд: инак, Ман фиръавн Ҳофраъ — подшоҳи Мисрро ба дасти душманони ӯ ва ба дасти толибони ҷони ӯ хоҳам супурд, чунон ки Сидқиё подшоҳи Яҳудоро ба дасти Набукаднесар подшоҳи Бобил, ки душмани ӯ ва толиби ҷони ӯ буд, супурдаам».

45

БОБИ ЧИЛУ ПАНҶУМ

Ирмиё Борухро тасаллӣ медиҳад.

1 Каломе ки Ирмиёи набӣ ба Борух ибни Нериё гуфт, вақте ки ӯ ин суханонро аз даҳони Ирмиё дар соли чоруми Еҳӯёқим ибни Йӯшиё подшоҳи Яҳудо дар тӯмори китобат менавишт:

2 «Худованд, Худои Исроил дар ҳаққи ту, эй Борух, чунин мегӯяд:

3 Ту гуфтаӣ: „Вой бар ман! Зеро ки Худованд бар дарди ман андӯҳе зам кардааст; аз оҳу воҳи худ лакот шудаам, ва оромӣ наёфтаам“.

4 Ба ӯ чунин бигӯй: Худованд чунин мегӯяд: инак, он чи бино кардаам, Ман хароб менамоям, ва он чи мисли ниҳол шинондаам, Ман решакан мекунам, — ва тамоми замин чунин хоҳад шуд.

5 Ва оё ту барои худ чизҳои бузург талаб мекунӣ? Талаб накун; зеро инак, Ман бар тамоми башар мусибат хоҳам овард, — мегӯяд Худованд, — вале ҷони туро дар ҳар маконе ки биравӣ, барои ту ғанимат хоҳам гузошт».

46

БОБИ ЧИЛУ ШАШУМ

Нубуввати Ирмиё дар бораи халқҳои бутпараст.

1 Каломи Худованд, ки бар Ирмиёи набӣ дар бораи халқҳо нозил шуд:

1. Дар бораи Миср.

2 Дар бораи Миср, дар бораи лашкари фиръавн Накӯҳ — подшоҳи Миср, ки назди наҳри Фурот дар Каркамиш буданд, ва Набукаднесар подшоҳи Бобил дар соли чоруми Еҳӯёқим ибни Йӯшиё подшоҳи Яҳудо онҳоро шикаст дод.

3 «Сипар ва зиреҳро муҳайё намуда,

барои ҷанг пеш оед,

4 Аспонро зин карда, савор шавед, эй саворон!

Ва дар хӯдҳо ҳозир бошед,

найзаҳоро тез кунед, ҷавшанҳоро бипӯшед.

5 Чаро онҳоро мебинам, ки ба ҳарос афтода,

қафо мегарданд?

Ва баҳодурони онҳо ба шикаст дучор мешаванд

ва ба ақиб нигоҳ накарда мегурезанд:

даҳшат аз ҳар тараф пайдост, — мегӯяд Худованд.

6 Тезрав нахоҳад гурехт, ва баҳодур раҳо нахоҳад шуд:

дар шимол, назди наҳри Фурот пешпо хӯрда,

фурӯ хоҳанд ғалтид.

7 Ин кист, ки мисли дарьё обхез мешавад,

ва обҳояш мисли наҳрҳо талотум мекунад?

8 Миср мисли дарьё обхез мешавад,

ва обҳояш мисли наҳрҳо талотум мекунад, ва мегӯяд:

„Ман обхез шуда, заминро зер хоҳам кард,

шаҳр ва сокинонашро ба ҳалокат хоҳам расонид“.

9 Ҷастухез намоед, эй аспон!

Ва тунд бидавед, эй аробаҳо!

Ва берун биравед, эй баҳодурон, эй Ҳабаш ва Фут, ки сипардоронед,

ва эй лудиён, ки камондоронед!

10 Вале он рӯз барои Худованд Худои лашкарҳо рӯзи интиқом хоҳад буд,

то ки аз душманони Худ интиқом гирад;

ва шамшер онҳоро хӯрда сер хоҳад шуд

ва аз хунашон маст хоҳад гардид,

зеро ки барои Худованд Худои лашкарҳо дар замини шимолӣ,

назди наҳри Фурот қурбонӣ оварда мешавад.

11 Ба Ҷилъод баромада, баласон бигир,

эй духтари бокираи Миср!

Давоҳоро беҳуда зиёд мекунӣ: шифое барои ту нест.

12 Халқҳо расвоии туро шунидаанд,

ва замин аз фиғони ту пур шудааст;

зеро ки баҳодур ба баҳодур дучор омадааст,

ва ҳар ду якҷоя фурӯ ғалтидаанд».

13 Каломе ки Худованд дар бораи омадани Набукаднесар подшоҳи Бобил барои мағлуб кардани замини Миср ба Ирмиёи набӣ гуфт:

14 «Дар Миср эълон намоед ва дар Миҷдӯл хабар диҳед,

ва дар Нӯф ва Таҳфанҳес хабар диҳед; бигӯед:

„Бархез ва омода шав, зеро ки шамшер он чиро,

ки дар гирду пеши туст, хӯрдааст“.

15 Чаро неруманди ту вожгун шудааст ва натавонист истодагӣ намояд?

Зеро ки Худованд варо тела додааст.

16 Ӯ бисьёр касонро бемаҷол гардонидааст,

ба тавре ки онҳо бар ҳамдигар меафтанд ва мегӯянд:

„Бархезед, то ки аз шамшери ҳалокатовар назди қавми худ ва ба замини зодгоҳи худ баргардем“.

17 Дар он ҷо дод мезананд: „Фиръавн подшоҳи Миср ҳарзагӯй аст,

фурсатро аз даст додааст“.

18 Ба ҳаёти Худам қасам ки, — мегӯяд Подшоҳе ки

исмаш Худованди лашкарҳост, —

он ки хоҳад омад, мисли Тобӯр дар миёни кӯҳҳо

ва мисли Кармил дар назди баҳр хоҳад буд.

19 Асбоби муҳоҷират барои худ муҳайё намо,

эй духтари сокинаи Миср,

зеро ки Нӯф валангор гардида,

бодияи ғайрмаскуне хоҳад шуд.

20 Миср ғуноҷини хушлиқост,

аммо хармагас аз шимол меояд.

21 Сарбозони зархариди дар миёни он буда низ

мисли гӯсолаҳои охурӣ мебошанд,

лекин онҳо низ якҷоя қафо гашта гурехтанд

ва натавонистанд истодагӣ намоянд,

зеро ки рӯзи ҳалокаташон,

замони ҷазояшон бар онҳо омадааст.

22 Овози он мисли фишшоси мор ба гӯш мерасад;

зеро ки онҳо бо қуввате меоянд,

мисли дарахтбурҳо бо табарҳо бар он меоянд;

23 Ҷангали онро хоҳанд бурид, — мегӯяд Худованд, —

агарчи дарахтонаш беҳадду ҳисобанд,

агарчи онҳо аз малах бештаранд,

ва сону шумор надоранд.

24 Духтари Миср шармсор шудааст,

ба дасти қавми шимолӣ таслим гардидааст».

25 Худованди лашкарҳо, Худои Исроил чунин мегӯяд: «Инак, Ман Омӯнро, ки худои Нӯ мебошад, ва фиръавн ва Мисрро, ва худоёни он ва подшоҳони онро, ва фиръавн ва онҳоеро, ки ба ӯ таваккал менамоянд, гирифтори ҷазо хоҳам кард;

26 Ва онҳоро ба дасти толибони ҷонашон, ва ба дасти Набукаднесар подшоҳи Бобил, ва ба дасти ғуломони вай таслим хоҳам кард; ва баъд аз он мисли айёми пеш маскун хоҳад шуд, — мегӯяд Худованд.

27 Вале ту, эй бандаи Ман Яъқуб, натарс,

ва эй Исроил, ҳаросон нашав,

зеро инак, Ман туро аз ҷои дурдаст,

ва насли туро аз замини асирии онҳо наҷот хоҳам дод;

ва Яъқуб баргашта, дар амният ва осоиштагӣ хоҳад зист, ва касе ӯро нахоҳад тарсонид.

28 Ту, эй бандаи Ман Яъқуб, натарс, — мегӯяд Худованд, —

зеро Ман бо ту ҳастам;

зеро Ман ҳамаи халқҳоеро,

ки дар миёнашон туро пароканда намудаам,

талаф хоҳам кард, аммо туро талаф нахоҳам кард,

балки туро аз рӯи инсоф ҷазо хоҳам дод,

вале туро тамоман беҷазо нахоҳам мононд».

47

БОБИ ЧИЛУ ҲАФТУМ

2. Дар бораи замини Фалиштӣ ва Сӯр.

1 Каломи Худованд дар бораи фалиштиён, ки бар Ирмиён набӣ нозил шуд, пеш аз он ки фиръавн Ғаззаро мағлуб намояд.

2 Худованд чунин мегӯяд:

«Инак, обҳо аз шимол баланд шуда,

мисли наҳре обхез мешавад,

ва заминро бо ҳар чизе ки дар он аст,

ва шаҳр ва сокинони онро зер мекунад,

ва одамон фарьёд мезананд,

ва ҳамаи сокинони замин навҳа мекунанд.

3 Аз садои сумҳои аспони пурзӯраш,

аз тараққо‐туруқи аробаҳояш

ва ғулғулаи чархҳояш

падарон ба фарзандони худ назар намекунанд,

чунки дастҳошон суст шудааст,

4 Ба сабаби рӯзе ки фаро мерасад,

то ҳамаи фалиштиён ба толону тороҷ дучор гардида,

Сӯр ва Сидӯн аз ҳар гуна ёрмандӣ маҳрум шаванд,

зеро Худованд фалиштиёнро,

ки бақияи ҷазираи Кафтӯр мебошанд,

хонавайрон хоҳад кард.

5 Мардуми Ғазза мӯйсар тарошида мотам гирифтаанд,

Ашқалӯн ва бақияи водии онҳо талаф шудаанд;

то ба кай бадани худро харошида маҷрӯҳ хоҳӣ кард?

6 Эй шамшери Худованд, то ба кай ором нахоҳӣ шуд?

Ба ғилофи худ баргашта, бозъист ва ором шав.

7 Аммо чӣ гуна вай ором шавад,

дар сурате ки Худованд ба вай бар зидди Ашқалӯн

ва бар зидди соҳили баҳр амр фармудааст?

Варо Ӯ ба он ҷо равона кардааст».

48

БОБИ ЧИЛУ ҲАШТУМ

3. Дар бораи Мӯоб.

1 Дар бораи Мӯоб

Худованди лашкарҳо, Худои Исроил чунин мегӯяд:

«Эй вой бар Набӯ! Зеро ки он валангор шудааст;

Қирьётаим расво шуда, забт гардидааст;

қалъа расво шуда, шикаст хӯрдааст.

2 Ҷалоли Мӯоб дигар вуҷуд надорад;

дар Ҳешбӯн дар ҳаққи он бадиҳо андешидаанд:

„Биравем ва онро маҳв намоем,

то ки дигар халқ набошад“.

Ту низ, эй Мадмен, мотам хоҳӣ гирифт:

шамшер туро таъқиб хоҳад кард.

3 Садои нола аз Ҳӯрӯнаим ба гӯш мерасад:

„Тороҷ ва шикасти азиме рӯй додааст“.

4 Мӯоб ба шикаст дучор шудааст;

ҷавонони он доду фарьёд мекунанд.

5 Ба фарози Луҳит гирьякунон мебароянд,

ва дар фуромадгоҳи Ҳӯрӯнаим душманон

фиғони шикастро мешунаванд.

6 Бигрезед, ҷонҳои худро халос кунед,

то ки онҳо мисли дарахти аръар дар бодия бошанд.

7 Азбаски ту ба аъмоли худ ва ба ганҷҳои худ таваккал кардӣ,

ту низ забт хоҳӣ шуд, ва Камӯш бо якҷоягии коҳинон

ва мирони худ ба асирӣ хоҳад рафт.

8 Ва тороҷгар ба ҳар шаҳр хоҳад омад,

ва ҳеҷ шаҳр раҳо нахоҳад шуд;

ва водӣ ба ҳалокат хоҳад расид,

ва дашт валангор хоҳад шуд, чунон ки Худованд гуфтааст.

9 Болҳо ба Мӯоб диҳед, то ки парида равад;

шаҳрҳои он ба биёбон мубаддал хоҳад шуд,

ва касе набошад, ки дар онҳо сокин шавад.

10 Малъун бод касе ки кори Худовандро мусоҳилакорона ба ҷо оварад,

ва малъун бод касе ки шамшери худро аз хунрезӣ нигоҳ дорад!

11 Мӯоб аз ҷавонии худ осудаҳол буд,

ва бар дурди худ менишаст,

ва аз зарфе ба зарфе рехта нашудааст,

ва ба асирӣ нарафтааст;

бинобар ин таъмаш дар он мондааст,

ва накҳаташ тағьир наёфтааст.

12 Бинобар ин инак, айёме фаро мерасад, — мегӯяд Худованд, — ва Ман резандагонро мефиристам, ки ӯро бирезанд, ва онҳо зарфҳои ӯро холӣ карда, машкҳояшро пора‐пора хоҳанд намуд.

13 Ва Мӯоб аз боиси Камӯш хиҷил хоҳад шуд, чунон ки хонадони Исроил аз боиси Байт‐Ил, ки пушту паноҳашон буд, хиҷил шудаанд.

14 Чӣ гуна шумо мегӯед: „Мо баҳодурон

ва ҷанговарон барои корзор ҳастем“?

15 Мӯоб гирифтори тороҷ гардида, ба шаҳрҳояш душман баромадааст,

ва гузини ҷавононаш ба қатлгоҳ фуромадаанд, — мегӯяд Подшоҳ, ки исмаш Худованди лашкарҳост.

16 Фаро расидани ҳалокати Мӯоб наздик аст,

ва мусибаташ бағоят мешитобад.

17 Ба ҳоли ӯ таассуф намоед, эй ҳамаи ҳамсоягони ӯ

ва ҳамаи онҳое ки номи ӯро медонед!

Бигӯед: „Асои қудрат ва чӯбдасти шавкат

чӣ гуна шикаст хӯрдааст!“

18 Аз курсии кибриёи худ фурӯд омада,

дар саҳрои хушк бинишин, эй духтари сокинаи Дибӯн!

Зеро ки тороҷгари Мӯоб бар зидди ту бархостааст

ва қалъаҳои туро хароб мекунад.

19 Дар сари роҳ биист ва бингар, эй сокинаи Арӯэр!

Аз онҳое ки барои наҷот ёфтан рӯ ба гурез овардаанд,

пурсуҷӯ намо ва бигӯй: „Чӣ воқеае рӯй додааст?“

20 Мӯоб шармсор шудааст, зеро ки торумор гардидааст;

навҳа кунед ва фиғон кашед, дар Арнӯн эълон намоед,

ки Мӯоб толону тороҷ шудааст.

21 Ва доварӣ бар замини даштрӯя расидааст,

бар Ҳӯлӯн ва Яҳсо ва Мефоат,

22 Ва бар Дибӯн ва Набӯ ва Байт‐Диблотаим,

23 Ва бар Қирьётаим ва Байт‐Ҷомул ва Байт‐Меӯн,

24 Ва бар Қрийӯт ва Басра, ва бар ҳамаи шаҳрҳои дур

ва наздики замини Мӯоб.

25 Шохи Мӯоб бурида шудааст, ва бозуи он шикастааст, — мегӯяд Худованд.

26 Ӯро маст кунед, зеро ки ӯ пеши Худованд такаббур намудааст, ва бигзор Мӯоб дар қаи худ ғӯта занад, ва ӯ низ хандазор шавад.

27 Оё Исроил барои ту хандазор нашуда буд? Оё вай дар миёни дуздон ёфт шуда буд, ки ҳар бор ту дар бораи вай сухан мерондӣ, бо нафрат калла меҷунбондӣ?

28 Шаҳрҳоро тарк карда, дар сахра сокин шавед,

эй сокинони Мӯоб, ва мисли кабӯтаре бошед,

ки дар лаби ҷар лона месозад.

29 Мо дар бораи ғурури Мӯоб, ки бисьёр мағрур аст,

дар бораи кибри ӯ ва ғурури ӯ ва калонигарии ӯ

ва ҳавобаландии ӯ шунидаем.

30 Ман густохии ӯро медонам, — мегӯяд Худованд,

— ва суханони ӯ нодуруст аст:

онҳо нодуруст амал кардаанд.

31 Бинобар ин дар ҳаққи Мӯоб навҳа хоҳам кард,

ва барои тамоми Мӯоб фиғон хоҳам кашид;

барои мардони Қир‐Ҳерес оҳу воҳ хоҳанд кард.

32 Барои ту, эй токи Сибмо,

бештар аз гирьяи Яъзир хоҳам гирист;

шохаҳои ту то баҳр паҳн шуда,

ба кӯли Яъзир расида буд;

тороҷгар бар меваҳои тобистонӣ

ва бар ҳосили ангури ту ҳуҷум овардааст.

33 Шодӣ ва хурсандӣ аз боғистон ва аз замини Мӯоб барҳам хӯрдааст;

ва Ман шаробро аз чархуштҳо нест кардаам;

касе ангурро бо гулбонги сурур пахш нахоҳад кард:

гулбонге ки барояд, гулбонги сурур нахоҳад буд.

34 Аз фиғони Ҳешбӯн, ки то Элъола мерасад, овози худро то Яҳас баланд хоҳанд кард, ва аз Сӯар то Ҳӯрӯнаим, ки Эглат Шлишиё мебошад, зеро ки обҳои Нимрим низ хушк хоҳад шуд.

35 Ва Ман дар Мӯоб, — мегӯяд Худованд, — ҳар киро, ки бар минбарҳо қурбонӣ меоварад ва барои худоёни худ бухур месӯзонад, нест хоҳам кард.

36 Бинобар ин дили ман барои Мӯоб мисли най оҳу воҳ мекунад, ва дили ман барои мардони Қир‐Ҳерес мисли най оҳу воҳ мекунад, чунки сарвате ки онҳо андӯхта буданд, талаф шудааст.

37 Зеро ки ҳар калла бемӯй ва ҳар риш тарошида шудааст, ва ҳамаи дастҳо харошида ва бар камарҳо палос баста шудааст.

38 Бар ҳамаи бомҳои Мӯоб ва дар кӯчаҳои он саросар навҳахонист, зеро ки Ман Мӯобро мисли зарфи нодаркоре шикастаам, — мегӯяд Худованд.

39 Чӣ гуна вай торумор шудааст! Барои вай навҳа кунед! Чӣ сон Мӯоб пушт гардонда, шармсор шудааст! Ва Мӯоб барои ҳамаи атрофиёнаш хандахариш ва даҳшат гардидааст».

40 Зеро Худованд чунин мегӯяд:

«Инак, ӯ мисли уқоб ҳамла оварда,

болҳои худро бар Мӯоб паҳн хоҳад кард.

41 Шаҳрҳо забт ва қалъаҳо мусаххар карда хоҳад шуд,

ва дили баҳодурони Мӯоб дар он рӯз

мисли дили зане ки азоби зоиш дошта бошад,

хоҳад шуд.

42 Ва Мӯоб барҳам хӯрда, дигар қавм нахоҳад буд,

зеро ки пеши Худованд такаббур намудааст.

43 Тарс ва чоҳ ва дом барои туст,

эй сокини Мӯоб, — мегӯяд Худованд.

44 Он ки аз тарс бигрезад, дар чоҳ хоҳад афтод,

ва он ки аз чоҳ барояд, гирифтори дом хоҳад шуд,

зеро Ман бар вай, бар Мӯоб соли ҷазои онҳоро хоҳам овард, — мегӯяд Худованд.

45 Гурезаҳои бемаҷол дар сояи Ҳешбӯн бозъистодаанд,

зеро ки оташ аз Ҳешбӯн,

ва аланга аз миёни Сиҳӯн берун омадааст,

ва чаккаи Мӯоб ва фарқи сари ғавғокунандагонро хоҳад хӯрд.

46 Вой бар ту, эй Мӯоб! Қавми Камӯш талаф шудаанд,

зеро ки писарони ту ба асирӣ гирифта шудаанд,

ва духтарони ту гирифтори асорат гардидаанд.

47 Вале дар рӯзҳои охир Ман асирони Мӯобро хоҳам баргардонид, — мегӯяд Худованд». —

Доварӣ дар бораи Мӯоб то ин ҷост.

49

БОБИ ЧИЛУ НӮҲУМ

4. Дар бораи банӣ‐Аммӯн ва шаҳрҳои онҳо.

1 Дар бораи банӣ‐Аммӯн Худованд чунин мегӯяд:

«Оё Исроил писарон надорад? Оё варо ворисе нест?

Чаро Малком Ҷодро тасарруф намудааст,

ва қавми ӯ дар шаҳрҳои он сокин шудаанд?

2 Бинобар ин инак, айёме фаро мерасад, — мегӯяд Худованд, —

ва Ман бонги ҷангро дар Раббаи банӣ‐Аммӯн хоҳам шунавонид,

ва он ба тали вайронае табдил хоҳад ёфт,

ва қасабаҳояш ба оташ сӯзонида хоҳад шуд,

ва Исроил тасарруфкунандагони худро тасарруф хоҳад кард, — мегӯяд Худованд.

3 Навҳа намо, эй Ҳешбӯн, зеро ки Ай толону тороҷ шудааст;

фарьёд кунед, эй қасабаҳои Рабба, палос ба камар баста,

мотам гиред ва дар миёни қӯраҳо овора шуда гардед,

зеро ки Малком бо якҷоягии коҳинон ва мирони худ ба асирӣ меравад.

4 Чаро аз водиҳои худ, ки водиҳои баруманд аст,

фаҳр менамоӣ,

эй духтари муртад, ки ба ганҷҳои худ умед баста, мегӯӣ:

„Кист, ки назди ман ояд?“

5 Инак, Ман бар ту аз ҷониби ҳамаи атрофиёнат

тарсу бим хоҳам овард,

— мегӯяд Худованд Худои лашкарҳо, —

ва ҳар яке ба ҳар тараф пароканда хоҳад шуд,

ва касе нахоҳад буд, ки парокандашудагонро ҷамъ оварад.

6 Вале баъд аз он Ман

асирони банӣ‐Аммӯнро хоҳам баргардонид,

мегӯяд Худованд».

5. Дар бораи Адӯм.

7 Дар бораи Адӯм Худованди лашкарҳо чунин мегӯяд:

«Оё дигар дар Темон ҳикмат нест?

Оё машварат аз соҳибфаҳмон нест шуда,

ҳикматашон барҳам хӯрдааст?

8 Бигрезед, пушт гардонед, дар мағораҳо пинҳон шавед,

эй сокинони Дадон,

зеро ҳалокати Эсовро бар он хоҳам овард,

ҳангоме ки онро ба ҷазо мустаҳиқ намоям.

9 Агар ангурчинон назди ту оянд,

оё баъзе шингилҳоро боқӣ намегузоранд?

Агар дуздон шабона биёянд, оё фақат он қадар,

ки ба онҳо лозим бошад, намедузданд?

10 Лекин Ман Эсовро тамоман луч кардаам,

ҷойҳои ниҳонии ӯро ошкор намудаам,

ва ӯ наметавонад пинҳон шавад;

насли ӯ, ва бародарони ӯ, ва ҳамсоягони ӯ торумор гардидаанд, ва ӯ нест шудааст.

11 Ятимони худро тарк намо, Ман онҳоро зинда нигоҳ хоҳам дошт,

ва бевазанони ту бигзор ба Ман таваккал кунанд».

12 Зеро Худованд чунин мегӯяд: «Инак, агар онҳое ҳам, ки нӯшидани ҷом насибашон нашудааст, онро ҳатман менӯшида бошанд, оё ту беҷазо хоҳӣ монд? Не, беҷазо нахоҳӣ монд, балки ҳатман хоҳӣ нӯшид.

13 Зеро ба Зоти Худ қасам мехӯрам, — мегӯяд Худованд, — ки Басра мавриди даҳшат ва нанг ва харобӣ ва лаънат хоҳад шуд, ва ҳамаи шаҳрҳояш ба харобазори абадӣ табдил хоҳад ёфт».

14 Хабаре аз ҷониби Худованд шунидам,

ки қосиде назди халқҳо фиристода шудааст,

ки мегӯяд:

«Ҷамъ шавед, ва бар вай тохт оваред, ва барои ҷанг бархезед».

15 «Зеро инак, Ман туро дар миёни халқҳо аз ҳама хурд,

дар миёни одамон манфур гардонидаам.

16 Эй, ки дар шикофҳои сахра сокин ҳастӣ

ва қуллаи теппаро ишғол намудаӣ,

ҳайбати ту ва шарорати дили ту туро фирефта кардааст,

лекин агарчи ту лонаи худро мисли уқобе баланд сохтаӣ,

Ман туро аз он ҷо фурӯд хоҳам овард, — мегӯяд Худованд.

17 Ва Адӯм мавриди даҳшат хоҳад шуд, ва ҳар кӣ аз он гузар кунад, аз дидани ҳамаи ҷароҳатҳои он мутаҳайир шуда, ҳуштак хоҳад зад.

18 Чунон ки Садӯм ва Амӯро ва ҳамсояҳошон вожгун гардида буданд, — мегӯяд Худованд, — ончунон касе дар он ҷо сокин нахоҳад шуд, ва писари одам дар он зиндагӣ нахоҳад кард.

19 Инак, ӯ мисли шер аз ҷангалистони анбӯҳи Урдун ба иқоматгоҳи мустаҳкам мебарояд, зеро ки Ман дар лаҳзае ӯро аз он ҷо хоҳам гурезонид, ва ҳар кӣ баргузида шуда бошад, Ман ӯро бар он таъин хоҳам кард. Зеро кист, ки мисли Ман бошад, ва кист, ки барои Ман мӯҳлате муқаррар намояд? Ва кист он чӯпоне ки бар зидди Ман тавонад истодагӣ кунад?

20 Бинобар ин қарори Худовандро, ки дар бораи Адӯм қабул кардааст, ва тадбирҳои Ӯро, ки дар бораи сокинони Темон андешидааст, бишнавед: ба ростӣ, хурдтарини рамабонон онҳоро хоҳанд рабуд; ба ростӣ, ӯ масканҳои онҳоро бар онҳо валангор хоҳад кард.

21 Аз садои афтодани онҳо замин ба ларза хоҳад омад; овози фарьёдашон дар баҳри Қулзум шунида хоҳад шуд.

22 Инак, ӯ мисли уқоб парвоз намуда, ҳамла хоҳад овард ва болҳои худро бар Басра паҳн хоҳад кард; ва дили баҳодурони Адӯм дар он рӯз мисли дили зане ки азоби зоиш дошта бошад, хоҳад шуд».

6. Дар бораи Димишқ.

23 Дар бораи Димишқ. —

Ҳамот ва Арпод хиҷил шудаанд,

зеро ки хабари бадро шунида, маъюс гардидаанд:

«Баҳр ба изтироб омадааст, наметавонад сокит шавад.

24 Димишқ аз рӯҳ афтодааст, рӯ ба гурез овардааст,

ва онро ларза гирифтааст;

азобу дардҳо онро, мисли зане ки мезояд,

дар бар гирифтааст.

25 Чӣ гуна ин шаҳри номдор,

ин пойтахти шодмонӣ тарк карда шудааст!

26 Ба яқин ҷавонони он дар кӯчаҳои он хоҳанд афтод,

ва ҳамаи ҷанговарон дар он рӯз талаф хоҳанд шуд, —

мегӯяд Худованди лашкарҳо.

27 Ва Ман дар ҳисори Димишқ оташ хоҳам зад,

ва қасрҳои Бин‐Ҳададро нест хоҳам кард».

7. Дар бораи Қедор ва мамлакатҳои Ҳосӯр.

28 Дар бораи Қедор ва дар бораи мамлакатҳои Ҳосӯр, ки Набукаднесар подшоҳи Бобил онҳоро зарба задааст, Худованд чунин мегӯяд:

«Бархезед, ба Қедор ҳуҷум оваред

ва писарони шарқро тороҷ кунед!

29 Хаймаҳои онҳо ва рамаҳои онҳоро хоҳанд гирифт;

пардаҳои онҳо ва тамоми асбобу анҷоми онҳо

ва шутурони онҳоро барои худ хоҳанд бурд,

ва онҳоро аз ҳар ҷониб ба тарсу ҳарос хоҳанд андохт.

30 Бигрезед, дуртар биравед, дар мағораҳо пинҳон шавед,

эй сокинони Ҳосӯр, — мегӯяд Худованд, —

зеро ки Набукаднесар подшоҳи Бобил дар ҳаққи шумо қароре қабул кардааст

ва бар зидди шумо тадбире андешидааст.

31 Бархезед, ба халқе ки дар осоиштагӣ

ва амният зиндагӣ мекунанд, ҳуҷум оваред, — мегӯяд Худованд. —

Онҳо на дар доранд, на ғалақа;

дар танҳоӣ сукунат доранд.

32 Ва шутурони онҳо толону тороҷ карда

ва анбӯҳи чорвои онҳо ба ғанимат гирифта хоҳад шуд;

ва онҳоро, ки мӯи чаккаи худро метарошанд,

ба ҳар боде ки мевазад, пароканда хоҳам кард,

ва ҳалокати онҳоро аз ҳар ҷониби онҳо хоҳам овард, — мегӯяд Худованд.

33 Ва Ҳосӯр маскани шағолон, харобазори абадӣ хоҳад гардид;

касе дар он ҷо сокин нахоҳад шуд,

ва писари одам дар он ҷо зиндагӣ нахоҳад кард».

8. Дар бораи Элом.

34 Каломи Худованд дар бораи Элом, ки бар Ирмиёи набӣ дар ибтидои подшоҳии Сидқиё подшоҳи Яҳудо нозил шуда, гуфт:

35 «Худованди лашкарҳо чунин мегӯяд:

инак, Ман камони Эломро, ки қуввати асосии онҳост, хоҳам шикаст;

36 Ва чор бодро аз чор канори осмон бар Элом хоҳам овард,

ва онҳоро бо ҳамаи ин бодҳо пароканда хоҳам кард,

ва халқе нахоҳад буд, ки рондашудагони Элом ба он ҷо наоянд;

37 Ва онҳоро пеши душманонашон ва пеши толибони ҷонашон ба шикаст дучор хоҳам кард,

ва бар онҳо мусибат, яъне оташи ғазаби Худро хоҳам овард, — мегӯяд Худованд, —

ва шамшерро аз паи онҳо хоҳам фиристод,

то даме ки онҳоро тамоман талаф намоям;

38 Ва тахти Худро дар Элом барқарор хоҳам намуд,

ва подшоҳ ва миронро аз он ҷо нест хоҳам кард,

— мегӯяд Худованд.

39 Вале дар рӯзҳои охир

асирони Эломро хоҳам баргардонид, —

мегӯяд Худованд».

50

БОБИ ПАНҶОҲУМ

9. Дар бораи Бобил ва замини калдониён.

1 Каломе ки Худованд дар бораи Бобил, дар бораи замини калдониён ба воситаи Ирмиёи набӣ гуфт:

2 «Дар миёни халқҳо баён намоед ва эълон кунед,

ва ливое бардошта, эълон кунед, пинҳон надоред, бигӯед:

„Бобил забт гардидааст, Бил шармсор шудааст,

Мерӯдах шикаст хӯрдааст, санамҳояш расво шудааст,

бутҳояш ба шикаст дучор омадааст“.

3 Зеро ки халқе аз шимол бар зидди он бархостаанд, ки замини онро биёбон хоҳанд гардонид, ва касе дар он сокин нахоҳад шуд: аз инсон то ҳайвон онро тарк карда, хоҳанд рафт.

4 Дар он айём ва дар он замон, — мегӯяд Худованд, — банӣ‐Исроил хоҳанд омад, онҳо бо якҷоягии банӣ‐Яҳудо гирьякунон равона хоҳанд шуд ва Худованд Худои худро ҷустуҷӯ хоҳанд кард.

5 Дар бораи Сион пурсуҷӯ хоҳанд намуд, рӯи худро сӯи роҳи он ниҳода, хоҳанд гуфт: „Биёед, бо аҳди ҷовидонӣ, ки фаромӯш нахоҳад шуд, ба Худованд пайванд шавем“.

6 Қавми Ман рамаи гумроҳе буданд:

чӯпононашон онҳоро гумроҳ карда, бар кӯҳҳо бурданд;

онҳо аз кӯҳ ба теппа овора шуда гашта,

ҷои фароғати худро фаромӯш карданд.

7 Ҳар кӣ онҳоро меёфт, онҳоро мехӯрд,

ва душманонашон мегуфтанд: „Мо гуноҳкор нестем;

зеро ки онҳо пеши Худованд, ки маскани адолат аст,

ва пеши Худованд, ки умеди падарони онҳо буд, гуноҳ кардаанд“.

8 Аз даруни Бобил бигрезед,

ва аз замини калдониён берун оед,

ва мисли такаҳо пешопеши рама қадамгузор бошед.

9 Зеро ки инак, Ман анбӯҳи халқҳои бузургро

аз замини шимолӣ барангехта,

бар Бобил меоварам,

ва онҳо бар зидди вай саф хоҳанд баст,

ва аз он ҷо вай забт хоҳад шуд;

тирҳои онҳо, мисли тирҳои баҳодури нишонгир, холӣ нахоҳад баргашт.

10 Ва калдониён толону тороҷ хоҳанд гардид,

ва ҳар кӣ онҳоро тороҷ кунад, сер хоҳад шуд,

— мегӯяд Худованд.

11 Зеро ки шумо, эй ғораткунандагони мероси Ман,

шодӣ ва хурсандӣ кардед,

мисли ғуноҷине ки хирманро поймол кунад, рақсидед,

ва мисли аспони зӯровар шеҳа кашидед.

12 Модари шумо бағоят хиҷил хоҳад гардид,

волидаи шумо расво хоҳад шуд;

инак оқибати халқҳо:

биёбон, саҳрои хушк ва чӯли бедолу дарахт.

13 Аз ғазаби Худованд он ғайримаскун хоҳад шуд,

ва саросар ба харобазор табдил хоҳад ёфт;

ҳар кӣ аз Бобил гузар кунад,

аз ҳамаи ҷароҳатҳои он дар ҳайрат афтода, ҳуштак хоҳад зад.

14 Гирдогирди Бобил саф бандед, эй ҳамаи камонкашон!

Бар вай тирандозӣ кунед, тирҳоро дареғ надоред,

зеро ки вай пеши Худованд гуноҳ кардааст.

15 Аз ҳар тараф бар вай бонг занед;

вай сари таслим ниҳодааст;

буньёдҳои вай фурӯ ғалтидааст, ҳисорҳои вай хароб шудааст,

зеро ки ин интиқоми Худованд аст; аз вай интиқом гиред;

чӣ тавре ки вай амал карда буд, ҳамон тавр бо вай амал кунед.

16 Аз Бобил коранда ва касеро,

ки дар мавсими дарав бо дос кор мекунад,

маҳв намоед;

аз тарси шамшери ҳалокатовар бигзор ҳар кас

ба қавми худ рӯ оварад,

ва ҳар кас ба замини худ бигрезад.

17 Исроил рамаи парокандашудаест; шерон онро ронданд; аввал подшоҳи Ашшур онро ба коми худ кашид, ва сонӣ ин Набукаднесар подшоҳи Бобил устухонҳои онро шикаст.

18 Бинобар ин Худованди лашкарҳо, Худои Исроил чунин мегӯяд: инак, Ман подшоҳи Бобил ва замини ӯро ҷазо хоҳам дод, чунон ки подшоҳи Ашшурро ҷазо додаам.

19 Ва Исроилро ба чарогоҳи худаш хоҳам баргардонид, ва ӯ дар Кармил ва Бошон хоҳад чарид, ва ҷони ӯ бар кӯҳи Ҷилъод ва Эфроим сер хоҳад шуд.

20 Дар он айём ва дар он замон, — мегӯяд Худованд, — маъсияти Исроилро ҷустуҷӯ хоҳанд кард, вале нахоҳад буд, ва гуноҳҳои Яҳудоро хоҳанд ҷуст, ва ёфт нахоҳад шуд; зеро онҳоеро, ки боқӣ мегузорам, хоҳам омурзид.

21 Бар замини Меротаим ва бар сокинони Пекӯд ҳуҷум овар,

онҳоро қатл намо ва ҳар чиро,

ки пас аз онҳо боқӣ монад, несту нобуд соз, — мегӯяд Худованд, —

ва он чи ба ту амр фармудаам, ба амал овар.

22 Садои корзор бар замин аст,

ва шикасти бузурге ҳувайдост.

23 Путки тамоми замин чӣ гуна вожгун ва торумор шудааст,

ва Бобил дар миёни халқҳо мавриди даҳшат гардидааст!

24 Ман барои ту дом ниҳодам, ва ту ба он гирифтор шудӣ,

эй Бобил, дар ҳолате ки бехабар мондӣ;

ту ёфт шудӣ ва ба даст афтодӣ,

зеро ки бар зидди Худованд исьён кардӣ.

25 Худованд қӯрхонаи Худро кушода,

аслиҳаи ғазаби Худро берун овардааст,

зеро ки Худованд Худои лашкарҳо

бо замини калдониён коре дорад.

26 Аз ҳар тараф ба сари он биёед, анборҳои онро бикшоед,

онро мисли ғарамҳо поймол кунед ва онро тамоман талаф намоед,

то ки бақияе аз он намонад.

27 Ҳамаи барзаговони онро қатл кунед,

бигзор гирифтори куштор шаванд; вой бар онҳо!

Зеро ки рӯзи онҳо, замони ҷазои онҳо расидааст.

28 Овози гурезагон ва наҷотьёфтагон аз замини Бобил ба гӯш мерасад,

то ки дар Сион аз интиқоми Худованд Худои мо,

аз интиқоми маъбади Ӯ огоҳӣ диҳад.

29 Тирандозонро бар зидди Бобил ҷамъ оваред!

Эй ҳамаи камонкашон, гирдогирди он ӯрду занед,

то ки наҷоте барои он намонад;

ба он мувофиқи аъмолаш подош диҳед;

чӣ тавре ки рафтор карда буд,

ҳамон тавр нисбат ба он рафтор намоед,

зеро ки ба зидди Худованд,

ба зидди Қуддуси Исроил густохӣ намудааст.

30 Бинобар ин ҷавонони он дар кӯчаҳои он хоҳанд афтод,

ва ҳамаи ҷанговаронаш дар он рӯз талаф хоҳанд шуд, — мегӯяд Худованд.

31 Инак, Ман зидди ту ҳастам, эй густоҳ,

— мегӯяд Худованд Худои лашкарҳо, —

зеро ки рӯзи ту,

замоне ки туро ба ҷазо мустаҳиқ намоям, расидааст.

32 Ва густох пешпо хӯрда, фурӯ хоҳад ғалтид,

ва касе набошад, ки ӯро бархезонад;

ва оташ дар шаҳрҳои ӯ хоҳам зад,

ва он тамоми гирду пеши ӯро хоҳад сӯзонид.

33 Худованди лашкарҳо чунин мегӯяд:

банӣ‐Исроил ва банӣ‐Яҳудо якҷоя мазлум ҳастанд,

ва ҳамаи касоне ки онҳоро ба асирӣ бурданд,

онҳоро маҳкам нигоҳ доштаанд

ва намехоҳанд онҳоро ҷавоб диҳанд.

34 Лекин Раҳокунандаи онҳо,

ки исмаш Худованди лашкарҳост, пуриқтидор аст;

Ӯ доди онҳоро хоҳад ситонид, то ки заминро ором созад

ва сокинони Бобилро ба ларза андозад.

35 Шамшере бар калдониён аст, — мегӯяд Худованд, —

ва бар сокинони Бобил, ва бар мирон ва ҳакимони он;

36 Шамшере бар козибон аст, ва беақлии онҳо зоҳир хоҳад шуд;

шамшере бар баҳодурони ӯст, ва онҳо ба изтироб хоҳанд афтод;

37 Шамшере бар аспони ӯст ва бар аробаҳои ӯст,

ва бар тамоми мардуми гуногунқабилае ки андаруни ӯ ҳастанд,

ва онҳо мисли занон хоҳанд буд;

шамшере бар хазоини ӯст, ва онҳо толону тороҷ хоҳанд шуд;

38 Хушкоӣ бар обҳои ӯст, ва онҳо хушк хоҳад шуд;

зеро ки он замини санамҳост,

ва аз бими бутҳо девона хоҳанд шуд.

39 Бинобар ин дар он ҷо гурбаҳои ваҳшӣ бо рӯбоҳон сокин хоҳанд шуд,

ва шутурмурғон маскан хоҳанд гирифт;

ва он дигар то абад маскун нахоҳад гардид,

ва то абадуддаҳр обод нахоҳад шуд.

40 Чунон ки Худо Садӯм ва Амӯро

ва ҳамсояҳошонро вожгун намуд, — мегӯяд

Худованд, — ончунон касе дар он ҷо сокин нахоҳад шуд,

ва писари одам дар он зиндагӣ нахоҳад кард.

41 Инак, қавме аз шимол меоянд,

ва халқи бузурге ва подшоҳони бисьёр аз ақсои замин бармехезанд;

42 Онҳо камон ва мизроқ дар дасташон доранд;

сангдил ҳастанд ва раҳм намекунанд;

овозашон мисли баҳр мехурӯшад,

ва бар аспон савор мешаванд;

чун як тан барои ҷанг ба зидди ту,

эй духтари Бобил, саф бастаанд.

43 Подшоҳи Бобил овозаи онҳоро шунид, ва дастҳояш суст шуд;

азоб ва дард ӯро мисли зане ки мезояд, дар бар гирифт.

44 Инак, ӯ мисли шер аз ҷангалистони анбӯҳи Урдун ба иқоматгоҳи мустаҳкам мебарояд, зеро ки Ман дар лаҳзае онҳоро аз он ҷо хоҳам гурезонид, ва ҳар кӣ баргузида шуда бошад, Ман ӯро бар он таъин хоҳам кард. Зеро кист, ки мисли Ман бошад, ва кист, ки барои Ман мӯҳлате муқаррар намояд? Ва кист он чӯпоне ки бар зидди Ман тавонад истодагӣ кунад?

45 Бинобар ин қарори Худовандро, ки дар бораи Бобил қабул кардааст, ва тадбирҳои Ӯро, ки дар бораи замини калдониён андешидааст, бишнавед: ба ростӣ, хурдтарини рамабонон онҳоро хоҳанд рабуд; ба ростӣ, ӯ маскани онҳоро бар онҳо валангор хоҳад кард.

46 Аз садои забти Бобил замин ба ларза хоҳад омад, ва фарьёде дар миёни халқҳо шунида хоҳад шуд».

51

БОБИ ПАНҶОҲУ ЯКУМ

Давоми нубувват дар бораи Бобил ва дар бораи баргардонидани яҳудиён аз асирӣ.

1 Худованд чунин мегӯяд:

«Инак, Ман бар Бобил ва бар сокинони Лев‐Қомой боди ҳалокатоваре бармехезонам,

2 Ва бар Бобил барбоддиҳандагонро мефиристам,

ва онро барбод хоҳанд дод,

ва замини онро холӣ хоҳанд кард,

зеро ки онҳо дар рӯзи мусибат онро аз ҳар тараф иҳота хоҳанд намуд.

3 Бигзор камонкаш камонашро зеҳ накунад,

ва аз зиреҳаш фахр нанамояд;

ва бар ҷавонони он раҳм накунед,

тамоми лашкари онро маҳв намоед.

4 Бигзор мақтулон бар замини калдониён

ва маҷрӯҳон бар кӯчаҳои он биафтанд».

5 Зеро ки Исроил ва Яҳудо аз Худои худ,

аз Худованди лашкарҳо матрук нашудаанд,

ва ҳол он ки замини онҳо аз маъсият бар зидди Қуддуси Исроил пур шудааст.

6 Аз даруни Бобил бигрезед,

ва бигзор ҳар кас ҷони худро халос кунад,

то ки аз боиси гуноҳи он талаф нашавед;

зеро ки ин замони интиқоми Худованд аст:

Ӯ подоши онро хоҳад дод.

7 Бобил косаи тилло дар дасти Худованд буд,

ки тамоми дуньёро маст мекард:

халқҳо аз шароби он нӯшиданд,

бинобар ин халқҳо девонагӣ карданд.

8 Ногаҳон Бобил фурӯ ғалтида, шикаст хӯрдааст;

барои он навҳа намоед, баласон барои ҷароҳати он бигиред: шояд шифо ёбад.

9 Бобилро табобат кардем, вале шифо наёфт;

онро тарк кунед, ва ҳар яке аз мо ба замини худ биравем;

зеро ки доварии он то ба афлок расидааст

ва то абрҳо баланд шудааст.

10 Худованд адолати моро ба рӯи об баровард;

биёед, аъмоли Худованд Худои моро дар Сион эълон намоем.

11 Тирҳоро тез кунед, сипарҳоро ба даст гиред!

Худованд рӯҳи подшоҳони Модайро барангехтааст,

чунки Ӯ қасде бар зидди Бобил дорад,

то ки онро талаф намояд,

зеро ин интиқоми Худованд аст, интиқоми маъбади Ӯст.

12 Бар зидди ҳисорҳои Бобил байрақ бардоред,

нигоҳбониро пурзӯр намоед, посбононро таъин кунед, каминҳоро муҳайё созед!

Зеро он чи Худованд қасд намудааст,

ва он чи дар бораи сокинони Бобил гуфтааст,

ба амал хоҳад овард.

13 Эй, ки назди обҳои фаровон сокин ҳастӣ

ва ганҷҳои зиёде дорӣ!

Фарҷоми ту, анҷоми тамаъкории ту фаро расидааст.

14 Худованди лашкарҳо ба Зоти Худ қасам хӯрдааст:

ба ростӣ, туро аз одамон мисли малах пур хоҳам кард,

ва онҳо бар ту гулбонг хоҳанд зад.

15 Ӯ заминро бо қуввати Худ офарид,

дуньёро бо ҳикмати Худ барқарор намуд,

ва осмонро бо хиради Худ густаронид.

16 Ҳамин ки Ӯ овоз диҳад, обҳо дар осмон ғулғула меандозанд,

ва Ӯ абрҳоро аз ақсои замин боло мебардорад,

барқҳоро барои борон ба вуҷуд меоварад,

ва бодро аз махзанҳои Худ берун меоварад.

17 Ҳар одам аз ақл бегона ва ҳар заргар

аз санаме ки сохтааст, шармсор хоҳад шуд,

зеро ки бутҳои вай чизи дурӯғ аст,

ва ҳеҷ нафасе дар онҳо нест.

18 Онҳо ҳеҷу пуч аст, амали фиребгарист;

чун ба доварӣ дучор ояд, нест хоҳад шуд.

19 Ӯ, ки насибаи Яъқуб аст, мисли онҳо нест,

зеро ки Ӯ Офаринандаи тамоми мавҷудот аст,

ва (Исроил) сибти мероси Ӯст;

исми Ӯ Худованди лашкарҳост.

20 «Ту барои Ман путк, аслиҳаи ҷанг будӣ;

ва Ман ба воситаи ту халқҳоро торумор кардам,

ва ба воситаи ту мамлакатҳоро талаф намудам;

21 Ва ба воситаи ту асп ва саворашро торумор кардам,

ва ба воситаи ту ароба ва саворашро торумор кардам;

22 Ва ба воситаи ту мард ва занро торумор кардам,

ва ба воситаи ту пир ва кӯдакро торумор кардам,

ва ба воситаи ту ҷавон ва дӯшизаро торумор кардам;

23 Ва ба воситаи ту чӯпон ва рамаашро торумор кардам,

ва ба воситаи ту зироаткор ва ҷуфти барзаговонашро торумор кардам,

ва ба воситаи ту волиён ва ҳокимонро торумор кардам.

24 Ва ба Бобил ва ҳамаи сокинони кишвари калдониён барои тамоми шарорате ки дар Сион ба амал овардаанд, дар пеши назари шумо подош хоҳам дод, — мегӯяд Худованд.

25 Инак, Ман, — мегӯяд Худованд, — зидди ту ҳастам,

эй кӯҳи ҳалокатовар, ки тамоми дуньёро ба ҳалокат расондаӣ!

Ва Ман дасти Худро бар ту дароз хоҳам кард,

ва туро аз болои сахраҳо фурӯ хоҳам ғалтонид,

ва туро ба кӯҳи сӯхтае табдил хоҳам дод.

26 Ва аз ту санге барои сари гӯша

ва санге барои таҳкурсӣ нахоҳанд гирифт,

зеро ки ту харобазори абадӣ хоҳӣ шуд», — мегӯяд Худованд.

27 Байрақе бар замин бардоред,

шохе дар миёни халқҳо бинавозед,

халқҳоро бар зидди он даъват намоед,

мамлакатҳои Аророт, Минӣ ва Ашканазро

бар зидди он ҷамъ оваред,

сипаҳсолоре бар зидди он таъин кунед,

аспонро мисли малахи сихдоре бархезонед.

28 Халқҳоро бар зидди он даъват намоед:

подшоҳони Модай, волиёнаш ва ҳамаи ҳокимонаш,

ва тамоми замини қаламравашро.

29 Ва замин ба изтироб омада, меларзад,

зеро тадбирҳои Худованд дар ҳаққи Бобил ба амал меояд,

то ки замини Бобилро харобазори ғайримаскун гардонад.

30 Баҳодурони Бобил аз ҳарбу зарб даст кашида,

дар истеҳкомҳои худ нишастаанд;

қуввати онҳо адо шуда, мисли занон гардидаанд;

масканҳои он сӯзонида, ғалақаҳои он шикаста шудааст.

31 Қосид ба пешвози қосид медавад,

ва хабарбар ба пешвози хабарбар,

то ба подшоҳи Бобил хабар диҳад,

ки шаҳри ӯ аз ҳар тарафаш забт гардидааст,

32 Ва гузаргоҳҳо гирифта шудааст,

ва қамишзорҳо ба оташ сӯхтааст,

ва ҷанговарон ба ҳарос афтодаанд.

33 Зеро ки Худованди лашкарҳо, Худои Исроил чунин мегӯяд:

духтари Бобил мисли хирмангоҳест дар вақти поймол шудани он;

баъд аз андак замон мавсими дарави он фаро хоҳад расид.

34 «Набукаднесар подшоҳи Бобил маро хӯрдааст,

маро дарҳам‐барҳам намудааст,

маро зарфи холие гардонидааст,

мисли тимсоҳе маро фурӯ бурдааст,

шиками худро аз неъматҳои ман пур кардааст,

маро бадар рондааст.

35 Осебе ки ба ман ва ба ҷисми ман расидааст,

бар гардани Бобил бод!» — хоҳад гуфт сокинаи Сион.

«Ва хуни ман бар гардани сокинони кишвари калдониён бод!» — хоҳад гуфт Ерусалим.

36 Бинобар ин Худованд чунин мегӯяд: «Инак,

Ман доди туро хоҳам ситонид,

ва интиқоми туро хоҳам гирифт:

баҳри ӯро хоҳам хушконид,

ва чашмаашро хушк хоҳам кард.

37 Ва Бобил ба сангтӯдаҳо, ба маъвои шағолон,

ба мавриди даҳшат ва масхара табдил ёфта,

ғайримаскун хоҳад шуд.

38 Мисли шерон якҷоя наъра мезананд,

мисли шербачаҳо ғурриш мекунанд.

39 Ҳамин ки гарм шавард, барояшон базме барпо намуда,

онҳоро маст хоҳам кард, то ки дилхушӣ намоянд,

ва ба хоби абадӣ бираванд,

ва бедор нашаванд, — мегӯяд Худованд.

40 Онҳоро мисли мешони парворӣ, мисли қӯчқорон

ва такаҳо барои куштан фурӯд хоҳам овард.

41 Чӣ сон Шешак мусаххар,

ва ҷалоли тамоми дуньё зердаст карда шудааст!

Чӣ сон Бобил дар миёни халқҳо мавриди

даҳшат гардидааст!

42 Баҳр бар Бобил туғьён намуда,

бо анбӯҳи мавҷҳояш вай пӯшида шудааст.

43 Шаҳрҳои он хароб гардида,

ба замини хушк ва чӯл табдил ёфтааст,

ба замине ки ҳеҷ кас дар он сокин нест,

ва писари одам аз он гузар намекунад.

44 Ва Билро дар Бобил ҷазо хоҳам дод,

ва он чи фурӯ бурдааст,

аз даҳонаш берун хоҳам овард,

ва халқҳо ба сӯи он дигар равон нахоҳанд шуд;

ҳисори Бобил низ фурӯ хоҳад ғалтид.

45 Аз даруни он берун оед, эй қавми Ман,

ва ҳар яке ҷони худро аз оташи ғазаби Худованд халос кунед!

46 Ва бигзор дили шумо суст нашавад,

ва шумо аз овозае ки дар замин шунида хоҳад шуд, натарсед;

он овоза дар як сол ба гӯш хоҳад расид,

ва дар соли баъд аз он овозаи дигаре;

ва зулм дар замин ҳукмфармо гардида,

ҳокиме ба муқобили ҳокиме қиём хоҳад кард.

47 Бинобар ин инак, айёме фаро мерасад,

ки Ман бар санамҳои Бобил доварӣ хоҳам намуд,

ва тамоми замини он расво хоҳад шуд,

ва ҳамаи мақтулони он андаруни он хоҳанд афтод.

48 Ва осмону замин ва ҳар чи дар онҳост,

бар Бобил тараннум хоҳанд кард,

зеро ки аз шимол тороҷгарон бар он хоҳанд омад», — мегӯяд Худованд.

49 Бобил низ ба сабаби мақтулони Исроил фурӯ хоҳад ғалтид,

дар Бобил низ мақтулони тамоми замин фурӯ хоҳанд ғалтид.

50 Эй онҳое ки аз шамшер раҳо шудаед, биравед, наистед!

Худовандро аз дурдаст ба хотир оваред,

ва бигзор Ерусалим дар дили шумо бошад.

51 Мо хиҷил шудем, ҳангоме ки ҳақорат шунидем;

нанг рӯи моро пӯшонид,

ҳангоме ки аҷнабиён ба қудсҳои хонаи Худованд дохил шуданд.

52 «Бинобар ин инак, айёме фаро мерасад, — мегӯяд Худованд, —

ки Ман бар санамҳои он доварӣ хоҳам намуд,

ва дар тамоми замини он маҷрӯҳон оҳу нола хоҳанд кард.

53 Ҳатто агар Бобил то ба афлоқ барояд,

ва ҳатто агар иқтидори худро дар истеҳкомоти баланд пурзӯр созад,

аз ҷониби Ман тороҷгарон бар он хоҳанд омад»,

— мегӯяд Худованд.

54 Садои нола аз Бобил ба гӯш мерасад,

ва овози шикасти азиме аз замини калдониён,

55 Зеро Худованд Бобилро гирифтори тороҷ мегардонад

ва садои бузургро аз даруни он нест мекунад;

ва мавҷҳои онҳо мисли обҳои фаровон мехурӯшанд,

ва садои ғулғулаи онҳо ба гӯш мерасад.

56 Зеро ки бар он, бар Бобил тороҷгар меояд,

ва баҳодурони он ба даст афтода, камонҳошон мешиканад,

зеро ки Худованд Худои мукофотҳост,

ва ҳатман подош хоҳад дод.

57 «Ва Ман мирони он ва ҳакимони онро,

волиёни он ва ҳокимони он ва баҳодурони онро маст хоҳам кард,

ва онҳо ба хоби абадӣ хоҳанд рафт ва бедор нахоҳанд шуд», —

мегӯяд Подшоҳе ки исмаш Худованди лашкарҳост.

58 Худованди лашкарҳо чунин мегӯяд:

«Ҳисорҳои фарохи Бобил тамоман хароб хоҳад шуд,

ва дарвозаҳои баландаш ба оташ хоҳад сӯхт:

қавмҳо бар абас меҳнат кардаанд,

ва қабилаҳо аз барои оташ хаста шудаанд».

59 Каломе ки Ирмиёи набӣ ба Сароё ибни Нериё ибни Маҳсеё амр фармуд, ҳангоме ки вай бо Сидқиё подшоҳи Яҳудо дар соли чоруми подшоҳии ӯ ба Бобил мерафт; ва Сароё мири бор буд.

60 Ва Ирмиё тамоми мусибатеро, ки бояд бар Бобил биёяд, дар як тӯмори китобат бинавишт, яъне ҳамаи ин суханонро, ки дар бораи Бобил навишта шудааст.

61 Ва Ирмиё ба Сароё гуфт: «Ҳангоме ки ба Бобил дохил шавӣ, бубин ва ҳамаи ин суханонро бихон,

62 Ва бигӯй: „Худовандо! Ту дар бораи ин макон гуфтаӣ, ки онро тавре талаф хоӣ кард, ки дар он на одаме ва на чорпое сокин нашавад, ва он ба биёбони абадӣ табдил ёбад“.

63 Ва ҳангоме ки хондани ин тӯморро ба анҷом расонӣ, санге ба он бибанд, ва онро андаруни Фурот биандоз,

64 Ва бигӯй: „Бобил аз боиси мусибате ки Ман бар он хоҳам овард, хамин тавр ғарқ хоҳад шуд, ва онҳо хаста хоҳанд гардид“». То ин ҷост суханони Ирмиё.

52

БОБИ ПАНҶОҲУ ДУЮМ

Шарҳи мухтасари воқеаҳо.

1 Сидқиё бисту яксола буд, ки ба подшоҳӣ шурӯъ намуд, ва ёздаҳ сол подшоҳӣ кард; ва номи модари ӯ Ҳамутал бинти Ирмиё аз Либно буд.

2 Ва ӯ он чи дар назари Худованд бад буд, ба амал овард, мисли ҳар он чи Еҳӯёқим ба амал оварда буд.

3 Зеро ба сабаби ғазаби Худованд ин дар Ерусалим ва Яҳудо воқеъ шуд, ба тавре ки Ӯ онҳоро аз ҳузури Худ рад кард; ва Сидқиё ба подшоҳи Бобил осӣ шуд.

4 Ва дар соли нӯҳуми подшоҳии ӯ, дар моҳи даҳум, дар рӯзи даҳуми моҳ воқеъ шуд, ки Набукаднесар подшоҳи Бобил, худаш ва тамоми лашкараш, назди Ерусалим омад, ва бар зидди он ӯрду заданд, ва девори муҳосира гирдогирди он бино карданд.

5 Ва шаҳр то соли ёздаҳуми подшоҳ Сидқиё дар муҳосира буд.

6 Дар моҳи чорум, дар рӯзи нӯҳуми моҳ, қаҳтӣ дар шаҳр пурзӯр шуд, ва барои қавми замин нон набуд.

7 Ва шаҳр рахна карда шуд, ва ҳамаи ҷанговарон гурехтанд, ва шабона ба воситаи дарвозае ки дар миёни ду ҳисор, дар наздикии боғи подшоҳ буд, аз шаҳр баромаданд, ва дар сурате ки калдониён гирдогирди шаҳр буданд, бо роҳи чӯл равона шуданд.

8 Ва лашкари калдониён подшоҳро таъқиб карданд, ва дар чӯли Ериҳӯ ба Сидқиё расида гирифтанд, ва тамоми лашкараш аз пеши ӯ пароканда шуда рафтанд.

9 Ва подшоҳро дастгир карданд, ва ӯро назди подшоҳи Бобил ба Рибло, ки дар замини Ҳамот аст, оварданд; ва дар ҳаққи ӯ ҳукми худро эълон кард.

10 Ва подшоҳи Бобил писарони Сидқиёро дар пеши назари ӯ қатл кард; ва ҳамаи мирони Яҳудоро низ дар Рибло ба қатл расонид.

11 Ва чашмони Сидқиёро кӯр кард; ва ӯро занҷирбанд намуд; ва подшоҳи Бобил ӯро ба Бобил овард, ва ӯро то рӯзи вафоташ дар зиндон андохт.

12 Ва дар моҳи панҷум дар рӯзи даҳуми моҳ, ки соли нуздаҳуми подшоҳии Набукаднесар подшоҳи Бобил буд, сардори посбонон Набузаръадон, ки ба ҳузури подшоҳи Бобил меистод, ба Ерусалим омад.

13 Ва хонаи Худованд ва хонаи подшоҳро сӯзонид; ва ҳамаи хонаҳои Ерусалим ва ҳар хонаи бузургонро ба оташ сӯзонид.

14 Ва тамоми лашкари калдониён, ки ҳамроҳи сардори посбонон буданд, ҳамаи ҳисорҳои гирдогирди Ерусалимро хароб карданд.

15 Ва сардори посбонон Набузаръадон баъзе аз бенавоёни қавм ва бақияи қавмро, ки дар шаҳр монда буданд, ва гурезпоёнро, ки ба тарафи подшоҳи Бобил гузашта буданд, ва бақияи оммаро ба асирӣ бурд.

16 Вале сардори посбонон Набузаръадон баъзе аз бенавоёни заминро барои токдорӣ ва зироаткорӣ вогузошт.

17 Ва калдониён сутунҳои мисро, ки дар хонаи Худованд буд, ва пояҳо ва обанбори мисро, ки дар хонаи Худованд буд, шикастанд, ва тамоми миси онҳоро ба Бобил бурданд.

18 Ва дегҳо, ва хокандозҳо, ва кордҳо, ва косаҳо, ва қошуқҳо, ва тамоми асбоби мисро, ки дар вақти ибодат кор мефармуданд, гирифта бурданд.

19 Ва сардори посбонон пиёлаҳо, ва маҷмарҳо, ва косаҳо, ва дегҳо, ва чароғҳо, ва қошуқҳо, ва дӯлчаҳоро, — хоҳ аз тилло буд, хоҳ аз нуқра, — гирифта бурд.

20 Сутунҳо дуто, обанбор якто ва барзаговҳои мисин дувоздаҳто буд, ки зери пояҳо буд, ва подшоҳ Сулаймон онҳоро барои хонаи Худованд сохта буд, — вазни миси тамоми ин асбоб аз ҳад зиёд буд.

21 Ва ин сутунҳо, яъне ҳар як сутун ҳаждаҳ зироъ баландӣ дошт, ва риштае ба дарозии дувоздаҳ зироъ онро дар бар мегирифт, ва он дарунхолӣ буда, ғафсии деворҳояш чор ангушт буд.

22 Ва тоҷе бар он аз мис буд; ва баландии як тоҷ панҷ зироъ буд; ва бар тоҷ гирдогирд шабака ва анорҳо буд, — ҳамааш аз мис; айни ҳамин чизҳо ва анорҳо бар сутуни дуюм буд.

23 Ва наваду шаш анор рӯй ба берун буда, ҳамаи анорҳо гирдогирди шабака садто буд.

24 Ва сардори посбонон Сароёи саркоҳин ва Сафаньёи коҳини дуюм ва се посбони даромадгоҳро гирифт;

25 Ва аз шаҳр як хоҷасаройро, ки сардори ҷанговарон буд, ва ҳафт нафар муқаррабони подшоҳро, ки дар шаҳр буданд, ва мирзои сарлашкарро, ки бо сафарбарии қавми мамлакат машғул буд, ва шаст нафарро, ки аз қавми мамлакат дар шаҳр буданд, гирифт;

26 Ва сардори посбонон Набузаръадон онҳоро гирифта, назди подшоҳи Бобил ба Рибло бурд.

27 Ва подшоҳи Бобил онҳоро дар Рибло, ки дар замини Ҳамот аст, зада ба қатл расонид; ва аҳли Яҳудо аз замини худ ба асирӣ рафтанд.

28 Ин аст адади қавме ки Набукаднесар ба асирӣ бурд: дар соли ҳафтум се ҳазору бисту се нафар яҳудиён;

29 Дар соли ҳаждаҳуми Набукаднесар аз Ерусалим ҳаштсаду сию ду нафар;

30 Дар соли бисту сеюми Набукаднесар сардори посбонон Набузаръадон ҳафтсаду чилу панҷ нафар яҳудиёнро ба асирӣ бурд; ҷамъ чор ҳазору шашсад нафар.

Рӯзҳои охирини Еҳӯёкин.

31 Ва дар соли сию ҳафтуми асирии Еҳӯёкин подшоҳи Яҳудо, дар моҳи дувоздаҳум, дар рӯзи бисту панчуми моҳ воқеъ шуд, ки Эвил‐Мерӯдах подшоҳи Бобил дар соли аввали подшоҳии худ Еҳӯёкин подшоҳи Яҳудоро сарафроз кард ва ӯро аз зиндон баровард.

32 Ва ба ӯ суханони нек гуфт, ва тахти ӯро аз тахти подшоҳоне ки бо вай дар Бобил буданд, болотар гузошт.

33 Ва либоси зиндонии ӯро иваз намуд, ва ӯ ҳамеша, тамоми айёми умраш, ба ҳузури вай нон мехӯрд.

34 Ва хӯроки ӯ, хӯроки доимӣ, ба ӯ аз ҷониби подшоҳи Бобил рӯз ба рӯз, то рӯзи вафоти ӯ, тамоми айёми умри ӯ дода мешуд.