КИТОБИ
ДОВАРОНИ ИСРОИЛ
1БОБИ ЯКУМ
Яҳудо бар зидди Канъон хуруҷ менамояд; аммо ғалабаи комил ба даст оварда нашудааст.
1 Ва баъд аз вафоти Еҳушаъ чунин воқеъ шуд, ки банӣ‐Исроил аз Худованд пурсида, гуфтанд: «Кист, ки барои мо бар зидди канъониён аввал хуруҷ намуда, бо онҳо ҷанг кунад?»
2 Ва Худованд гуфт: «Бигзор банӣ‐Яҳудо хуруҷ намоянд; инак, ин заминро ба дасти онҳо таслим кардаам».
3 Ва банӣ‐Яҳудо ба бародаронашон банӣ‐Шимъӯн гуфтанд: «Бо мо дар он чи насибаи мост, хуруҷ намоед, ва мо бо канъониён ҷанг кунем. Мо низ бо шумо дар он чи насибаи шумост, хоҳем рафт». Ва банӣ‐Шимъӯн бо онҳо рафтанд.
4 Вақте ки банӣ‐Яҳудо хуруҷ намуданд, Худованд канъониён ва фариззиёнро ба дасти онҳо таслим кард; ва даҳ ҳазор нафарро аз онҳо дар Бозақ куштанд.
5 Ва Адӯнӣ‐Бозақро дар Бозақ ёфта, бо ӯ ҷанг карданд; ва ба канъониён ва фариззиён шикаст расониданд.
6 Ва Адӯнӣ‐Бозақ рӯй ба гурез овард, вале ӯро таъқиб намуда, дастгир карданд ва сарангуштҳои дастҳо ва пойҳояшро буриданд.
7 Ва Адӯнӣ‐Бозақ гуфт: «Ҳафтод подшоҳ, ки сарангуштҳои дастҳо ва пойҳошон бурида шуда буд, дар таги мизи ман нонреза мечиданд; чунон ки ман кардаам, ончунон Худо ба ман подош додааст». Ва ӯро ба Ерусалим оварданд, ва дар он ҷо ӯ мурд.
8 Ва банӣ‐Яҳудо бар зидди Ерусалим ҷанг карда, онро гирифтанд, ва онро аз дами шамшер гузарониданд; ва шаҳрро оташ зада сӯзониданд.
9 Ва баъд аз он банӣ‐Яҳудо фурӯд омаданд, то ки бо канъониён, ки дар кӯҳсор ва дар ҷануб ва дар пастхамӣ сокин буданд, ҷанг кунанд.
10 Ва банӣ‐Яҳудо ба муқобили канъониёне ки дар Ҳебрӯн сокин буданд, хуруҷ намуданд; ва номи Ҳебрӯн пештар Қирьят‐Арбаъ буд; ва ба Шешай ва Аҳиман ва Талмой шикаст расониданд.
11 Ва аз он ҷо онҳо ба муқобили сокинони Дабир равона шуданд; ва номи Дабир пештар Қирьят‐Сефер буд.
12 Ва Колеб гуфт: «Касе ки ба Қирьят‐Сефер шикаст расонад ва онро бигирад, духтари худ Аксоро ба вай ба занӣ хоҳам дод».
13 Ва Отниил ибни Қеназ, додари хурдии Колеб, онро гирифт; ва ӯ духтари худ Аксоро ба вай ба занӣ дод.
14 Ва чун духтар назди вай омад, вай ӯро моил намуд, ки аз падари худ киштзоре биталабад, ва ӯ аз болои хар фурӯд омад; ва Колеб ба ӯ гуфт: «Ту чӣ мехоҳӣ?»
15 Ва ӯ ба падараш гуфт: «Ба ман баракате бидеҳ, зеро ки замини ҷанубиро ту ба ман додаӣ, пас чашмаҳои обро ҳам ба ман бидеҳ». Ва Колеб чашмаҳои боло ва чашмаҳои поёнро ба ӯ дод.
16 Ва банӣ‐Қенӣ, ақрабои падарарӯси Мусо, аз шаҳри Хурмозор бо банӣ‐Яҳудо хуруҷ намуда, сӯи биёбони Яҳудо, ки дар ҷануби Арод аст, равона шуданд ва дар миёни ин қавм маскан гирифтанд.
17 Ва банӣ‐Яҳудо бо бародаронашон банӣ‐Шимъӯн равона шуданд, ва онҳо ба канъониёне ки дар Сефат сокин буданд, шикаст расониданд; ва онро валангор карда, номи ин шаҳрро Ҳормо хонданд.
18 Ва банӣ‐Яҳудо Ғаззаро бо навоҳии он, ва Ашқалӯнро бо навоҳии он, ва Эқрӯнро бо навоҳии он гирифтанд.
19 Ва Худованд бо банӣ‐Яҳудо буд, ва онҳо кӯҳсорро тасарруф намуданд; аммо сокинони водиро натавонистанд бадар ронанд, зеро ки онҳо аробаҳои оҳанин доштанд.
20 Ва Ҳебрӯнро ба Колеб доданд, чунон ки Мусо гуфта буд; ва ӯ аз он ҷо се писари Аноқро бадар ронд.
21 Вале ябусиёнро, ки дар Ерусалим сокин буданд, банӣ‐Биньёмин натавонистанд бадар ронанд; ва ябусиён то имрӯз бо банӣ‐Биньёмин дар Ерусалим сокин ҳастанд.
22 Ва хонадони Юсуф низ сӯи Байт‐Ил хуруҷ карданд, ва Худованд бо онҳо буд.
23 Ва хонадони Юсуф дар Байт‐Ил ҷосусӣ карданд; ва номи ин шаҳр пештар Луз буд.
24 Ва посбонон мардеро, ки аз шаҳр берун омада буд, дида, ба ӯ гуфтанд: «Даромадгоҳи шаҳрро ба мо нишон деҳ, ва мо ба ту зҳсон хоҳем кард».
25 Ва ӯ даромадгоҳи шаҳрро ба онҳо нишон дод, ва онҳо аҳли шаҳрро аз дами шамшер гузарониданд; ва он мардро бо тамоми хонаводааш раҳо карданд.
26 Ва он мард ба замини ҳиттиён рафт, ва шаҳре бино намуда, номи онро Луз хонд; то имрӯз номи он ҳамин аст.
27 Ва банӣ‐Менашше аҳли Байт‐Шеон ва деҳоти онро, ва аҳли Таънак ва деҳоти онро, ва сокинони Дӯр ва деҳоти онро, ва сокинони Иблеом ва деҳоти онро, ва сокинони Маҷиддӯ ва деҳоти онро натавонистанд бадар ронанд, ва канъониён азм карданд, ки дар ин замин бимонанд.
28 Ва чун Исроил қувват гирифт, канъониёнро хироҷгузори худ гардонид, вале натавонист онҳоро бадар ронад.
29 Ва банӣ‐Эфроим канъониёнро, ки дар Ҷозар сокин буданд, натавонистанд бадар ронанд; ва канъониён дар миёни онҳо дар Ҷозар сукунат доштанд.
30 Банӣ‐Забулун сокинони Қитрӯн ва сокинони Наҳалӯлро натавонистанд бадар ронанд; ва канъониён дар миёни онҳо сукунат доштанд, ва хироҷгузор буданд.
31 Банӣ‐Ошер сокинони Аккӯ ва сокинони Сидӯн ва Аҳлоб ва Акзиб ва Ҳалбо ва Афиқ ва Раҳӯбро натавонистанд бадар ронанд.
32 Ва ошериён дар миёни канъониёне ки сокини он замин буданд, сукунат доштанд, зеро ки онҳоро натавонистанд бадар ронанд.
33 Банӣ‐Нафтолӣ сокинони Байт‐Шемеш ва сокинони Байт‐Анотро натавонистанд бадар ронанд, ва дар миёни канъониёне ки сокини он замин буданд, сукунат доштанд; ва сокинони Байт‐Шемеш ва Байт‐Анот хироҷгузори онҳо буданд.
34 Ва амӯриён банӣ‐Донро дар кӯҳсор фишор доданд, зеро онҳоро нагузоштанд, ки ба водӣ фурӯд оянд.
35 Ва амӯриён азм карданд, ки дар кӯҳи Ҳорас, дар Аёлӯн ва Шаалбим сокин бошанд; вале дасти хонадони Юсуф бар онҳо гарон омад, ва хироҷгузор гардиданд.
36 Ва ҳудуди амӯриён аз баландии Ақрабим, аз қуллаи он болотар буд.
2БОБИ ДУЮМ
Шарҳи воқеаҳо аз вақти дохилшавӣ ба Канъон то вақти вафоти Еҳушаъ ибни Нун. Саркашии Исроил, пушаймонӣ ва ҷазо.
1 Ва фариштаи Худованд аз Ҷилҷол ба Бӯким омада, гуфт: «Ман шуморо аз Миср берун овардам, ва шуморо ба замине ки дар бораи он ба падаронатон қасам хӯрда будам, овардам, ва Ман гуфтам: „Аҳди Худро бо шумо то абад нахоҳам шикаст;
2 Ва шумо бо сокинони ин замин аҳд набандед, қурбонгоҳҳои онҳоро бишканед“. Вале шумо овози Маро нашнидед. Ин чӣ кор аст, ки кардед?
3 Ва низ гуфтам: „Онҳоро аз пеши шумо бадар нахоҳам ронд, ва онҳо барои шумо садди роҳ хоҳанд буд, ва худоҳои онҳо барои шумо дом хоҳанд буд“».
4 Ва ҳангоме ки фариштаи Худованд ин суханонро ба тамоми банӣ‐Исроил гуфт, қавм овози худро баланд карда, гиристанд.
5 Ва номи он мавзеъро Бӯким монданд, ва дар он ҷо барои Худованд қурбонӣ карданд.
6 Баъд аз он ки Еҳушаъ қавмро равона кард, банӣ‐Исроил ҳар яке ба мулки худ рафтанд, то ки заминро тасарруф намоянд.
7 Ва дар тамоми айёми Еҳушаъ ва дар тамоми айёми пироне ки баъд аз Еҳушаъ дар қайди ҳаёт буда, ҳамаи корҳои бузурги Худовандро, ки барои Исроил кардааст, дида буданд, қавм Худовандро ибодат менамуданд.
8 Ва Еҳушаъ ибни Нун, бандаи Худованд, дар синни саду даҳсолагӣ вафот ёфт.
9 Ва ӯро дар ҳудуди мулкаш, дар Тимнат‐Ҳорас, дар кӯҳи Эфроим, ба тарафи шимолии кӯҳи Ҷоаш дафн карданд.
10 Ва тамоми он насл низ назди падарони худ рафтанд, ва баъд аз онҳо насли дигаре бархостанд, ки Худовандро намедонистанд, ва корҳоеро низ, ки Ӯ барои Исроил кардааст.
11 Ва банӣ‐Исроил он чи дар назари Худованд бад буд, ба амал оварданд, ва Баалҳоро ибодат карданд;
12 Ва Худованд Худои падарони худро, ки онҳоро аз замини Миср берун оварда буд, тарк карданд, ва худоёни дигарро аз байни худоёни қавмҳое ки дар гирду пешашон буданд, пайравӣ намуда, ба онҳо саҷда бурданд, ва Худовандро ба ғазаб оварданд.
13 Ва Худовандро тарк карда, Баал ва Аштораҳоро ибодат намуданд.
14 Ва хашми Худованд бар Исроил аланга гирифт, ва Ӯ онҳоро ба дасти тороҷгарон супурд, ва онҳоро тороҷ карданд; ва онҳоро ба дасти душманони онҳо, ки дар гирду пешашон буданд, супурд, ва онҳо дигар натавонистанд пеши душманони худ истодагӣ намоянд.
15 Ҳар бор, ки ба ҷанг мебаромаданд, дасти Худованд бар онҳо ба бадӣ буд, чунон ки Худованд гуфта буд ва чунон ки Худованд ба онҳо қасам хӯрда буд; ва онҳо бисьёр ба танг омаданд.
Таъсис ёфтани доварон.
16 Ва Худованд доваронро ба майдон овард, ки онҳоро аз дасти тороҷгарони онҳо наҷот медоданд.
17 Вале онҳо ба доварони худ низ итоат надоштанд, зеро ки гумроҳ шуда, худоёни дигарро пайравӣ мекарданд ва ба онҳо саҷда мебурданд; аз роҳе ки падаронашон бо он рафтор намуда, ба аҳкоми Худованд итоат мекарданд, бо зудӣ дур шуданд, ва мисли онҳо амал накарданд.
18 Ва ҳангоме ки Худованд барои онҳо доваронро ба майдон овард, Худованд бо довар буд ва онҳоро дар тамоми айёми довар аз дасти душманонашон наҷот медод, зеро ки Худованд ба сабаби оҳу нолаи онҳо, ки аз дасти золимон ва ситамгарони худ мекарданд, ба онҳо дилсӯзӣ менамуд.
19 Ва ҳамин ки довар вафот меёфт, онҳо аз нав, аз падарони худ зиёдтар фосид гардида, худоёни дигарро пайравӣ мекарданд, онҳоро ибодат намуда, саҷда мебурданд, аз корҳои зишт ва роҳи бади худ ҳеҷ даст намекашиданд.
Оқибати беитоатии Исроил.
20 Ва хашми Худованд бар Исроил аланга гирифт, ва Ӯ гуфт: «Азбаски ин халқ аҳди Маро, ки ба падаронашон амр фармудаам, поймол карда, ба овози ман гӯш намедиҳанд,
21 Ман низ ҳеҷ яке аз он ҳалқҳоро, ки Еҳушаъ боқӣ гузошта вафот ёфтааст, дигар аз пеши онҳо бадар нахоҳам ронд,
22 То ки ба воситаи онҳо Исроилро биозмоям: оё онҳо роҳи Худовандро мисли он ки падаронашон риоя мекарданд, риоя намуда, бо он рафтор мекунанд ё не?»
23 Ва Худованд он халқҳоро боқӣ гузошт, бе он ки онҳоро бо зудӣ бадар ронад; ва онҳоро ба дасти Еҳушаъ таслим накард.
3БОБИ СЕЮМ
Халқҳое ки исроилиёнро озмудаанд.
1 Ва инҳоянд халқҳое ки Худованд боқӣ гузошт, то ки ба воситаи онҳо Исроилро биозмояд, яъне ҳамаи онҳоеро, ки ҳамаи ҷангҳои Канъонро намедонистанд,
2 То ки наслҳои банӣ‐Исроил дониш пайдо карда, бурдани ҷангро таълим гиранд, яъне онҳое ки пештар онро намедонистанд:
3 Панҷ ҳокими фалиштиён ва ҳамаи канъониён, сидӯниён ва ҳиввиён, ки дар кӯҳсори Лубнон аз кӯҳи Баал‐Ҳермӯн то даромадгоҳи Ҳамот сокин буданд.
4 Ва онҳо барои он боқӣ гузошта шуда буданд, ки ба воситаи онҳо исроилиён озмуда шаванд, то маълум гардад, ки оё ба аҳкоми Худованд, ки Ӯ ба падаронашон ба воситаи Мусо амр фармудааст, итоат менамоянд ё не.
Бори аввал аз Худо дур шудани Исроил.
Довари якум — Отниил.
5 Ва банӣ‐Исроил дар миёни канъониён, ҳиттиён ва амӯриён ва фариззиён ва ҳиввиён ва ябусиён сокин буданд;
6 Ва духтарони онҳоро барои худ ба занӣ мегирифтанд, ва духтарони худро ба писарони онҳо медоданд, ва худоёни онҳоро ибодат мекарданд.
7 Ва банӣ‐Исроил он чи дар назари Худованд бад буд, ба амал оварданд, ва Худованд Худои худро фаромӯш намуда, Баалҳо ва бутҳои Ашераро ибодат карданд.
8 Ва хашми Худованд бар Исроил аланга гирифт, ва онҳоро ба дасти Кушан‐Ришъотаим, ки подшоҳи Арам‐наҳрайн буд, супурд, ва банӣ‐Исроил ҳашт сол ба Кушан‐Ришъотаим хизмат карданд.
9 Ва банӣ‐Исроил сӯи Худованд истиғоса бурданд, ва Худованд барои банӣ‐Исроил наҷотдиҳандае ба майдон овард, ки ӯ онҳоро наҷот дод: ӯ Отниил ибни Қеназ, додари хурдии Колеб буд.
10 Ва Рӯҳи Худованд бар ӯ буд, ва Исроилро доварӣ менамуд; ва барои ҷанг берун омад, ва Худованд Кушан‐Ришъотаимро, ки подшоҳи Арам‐наҳрайн буд, ба дасти ӯ таслим кард, ва ӯ бар Кушан‐Ришъотаим дастболо шуд.
11 Ва замин чил сол ором ёфт; ва Отниил ибни Қеназ вафот ёфт.
Бори дуюм аз Худо дур шуданд; довари дуюм — Эҳуд.
12 Ва аз нав банӣ‐Исроил он чи дар назари Худованд бад буд, ба амал оварданд; ва Худованд Аҷлӯнро, ки подшоҳи Мӯоб буд, бар Исроил ғолиб сохт, чунки онҳо он чи дар назари Худованд бад буд, ба амал оварданд.
13 Ва ӯ банӣ‐Аммӯн ва Амолеқро назди худ ҷамъ кард, ва омада, ба Исроил зарба расонид, ва онҳо шаҳри Хурмозорро гирифтанд.
14 Ва банӣ‐Исроил ба Аҷлӯн — подшоҳи Мӯоб — ҳаждаҳ сол хизмат карданд.
15 Ва банӣ‐Исроил сӯи Худованд истиғоса бурданд, ва Худованд барои онҳо наҷотдиҳандае, яъне Эҳуд ибни Ҷерои биньёминиро, ки марди чапдасте буд, ба майдон овард; ва банӣ‐Исроил ба воситаи ӯ ба Аҷлӯн — подшоҳи Мӯоб — ҳадия фиристоданд.
16 Ва Эҳуд барои худ шамшери дудамае ки дарозияш як зироъ буд, сохт, ва онро дар таги ҷомаи худ, бар рони росташ овехт.
17 Ва ҳадияро ба Аҷлӯн — подшоҳи Мӯоб — пешкаш намуд; ва Аҷлӯн шахси бағоят фарбеҳ буд.
18 Ва чун пешкаш кардани ҳадияро анҷом дод, одамонеро, ки ҳадияро бардошта оварда буданд, гуселонид.
19 Ва худаш аз пеши санамҳое ки назди Ҷилҷол буд, баргашта, гуфт: «Сухани махфие барои ту дорам, эй подшоҳ». Вай гуфт: «Хомӯш!» Ва ҳамаи ҳозирон аз пеши вай баромаданд.
20 Ва Эҳуд ба вай наздик омад, дар сурате ки вай дар болохонаи салқин танҳо нишаста буд; ва Эҳуд гуфт: «Каломе аз ҷониби Худо барои ту дорам». Вай аз курсӣ бархост.
21 Ва Эҳуд дасти чапи худро дароз карда, шамшерро аз болои рони рости худ гирифт, ва онро ба шиками вай халонид,
22 Ба тавре ки дастаи он низ бо теғаш фурӯ рафт, ва чарбу теғро пӯшонид, зеро ки шамшерро аз шиками вай кашида набаровард; ва наҷосати вай зада баромад.
23 Ва Эҳуд ба роҳрав баромада, дарҳои болохонаро аз пушти вай баст ва қуфл кард.
24 Ва чун ӯ берун рафт, навкарони вай омада диданд, ки инак, дарҳои болохона қуфл аст; ва дар дили худ гуфтанд: «Яқинан, вай дар хонаи салқин ба ҳоҷат бархостааст».
25 Ва хеле вақт маътал монданд, ва инак, вай дарҳоро намекушояд; ва онҳо калидро гирифта, кушоданд, ва инак, оғояшон бар замин мурда хобидааст.
26 Ва Эҳуд дар замоне ки онҳо интизор меистоданд, нопадид гашт, ва аз пеши санамҳо гузашта, ба сӯи Саиро гурехт.
27 Ва ҳамин ки ба он ҷо расид, бар кӯҳи Эфроим шох навохт; ва банӣ‐Исроил бо ӯ аз кӯҳ фурӯд омаданд, ва ӯ пешопеши онҳо буд.
28 Ва ба онҳо гуфт: «Аз ақиби ман битозед, зеро ки Худованд душмани шуморо ба дасти шумо супурдааст». Ва онҳо аз ақиби ӯ фурӯд омаданд, ва маъбарҳои Урдунро, ки ҷониби Мӯоб буд, гирифтанд, ва ҳеҷ якеро нагузоштанд, ки аз онҳо убур намояд.
29 Ва дар он вақт тақрибан даҳ ҳазор нафарро аз мӯобиён, яъне ҳар паҳлавон ва ҷанговарро куштанд, ва ҳеҷ кас натавонист бигрезад.
30 Ва Мӯоб дар он рӯз зери дасти Исроил итоат намуд, ва замин ҳаштод сол ором ёфт.
Шамҷар — довари сеюм.
31 Ва баъд аз ӯ Шамҷар ибни Анот буд, ва шашсад нафарро аз фалиштиён бо таёқи говронӣ зада кушт; ва ӯ низ Исроилро наҷот дод.
4БОБИ ЧОРУМ
Бори сеюм аз Худо дур шуданд. Доварони чорум ва панҷум.
1 Ва баъд аз вафоти Эҳуд аз нав банӣ‐Исроил он чи дар назари Худо бад буд, ба амал оварданд.
2 Ва Худованд онҳоро ба дасти Ёбин подшоҳи Канъон, ки дар Ҳосӯр подшоҳӣ мекард, супурд; ва сарлашкари вай Сисро буд, ки дар Ҳарӯшет‐Ҳаҷӯим сукунат дошт.
3 Ва банӣ‐Исроил сӯи Худованд истиғоса бурданд; зеро ки вай нӯҳсад аробаи оҳанин дошт, ва банӣ‐Исроилро бист сол сахт ба танг овард.
4 Ва Дебӯрои набия, зани Лапидӯт, дар он замон Исроилро доварӣ менамуд.
5 Ва ӯ дар таги дарахти хурмои Дебӯро, ки дар байни Ромо ва Байт‐Ил дар кӯҳи Эфроим буд, менишаст, ва банӣ‐Исроил назди ӯ барои доварӣ меомаданд.
6 Ва кас фиристода, Бороқ ибни Абинӯамро аз Қодеш‐Нафтолӣ даъват намуд, ва ба вай гуфт: «Инак, Худованд Худои Исроил амр фармуд: „Бирав ва бар кӯҳи Тобӯр одамонро сафарбарӣ намо, ва аз банӣ‐Нафтолӣ ва банӣ‐Забулун даҳ ҳазор нафар бо худ бигир.
7 Ва Ман сарлашкари Ёбин — Сисроро бо аробаҳо ва лашкари сершумораш назди ту сӯи наҳри Қишӯн кашида оварда, ба дасти ту хоҳам супурд“».
8 Ва Бороқ ба ӯ гуфт: «Агар ту бо ман биравӣ, меравам, вале агар бо ман наравӣ, намеравам».
9 Ва ӯ гуфт: «Албатта бо ту меравам, аммо дар ин роҳе ки ту меравӣ, ҷалол аз они ту нахоҳад буд, зеро ки Худованд Сисроро ба дасти зане хоҳад супурд». Ва Дебӯро бархоста, бо Бороқ ба Қодеш равона шуд.
10 Ва Бороқ сибтҳои Забулун ва Нафтолиро ба Қодеш фарьёд кард, ва даҳ ҳазор нафарро аз ақиби худ баровард; ва Дебӯро бо ӯ баромад.
11 Ва Ҳобари Қенӣ аз қениён, яъне аз банӣ‐Ҳубоби ақрабои падарарӯси Мусо ҷудо шуда, хаймаи худро то Элӯн‐Бесаананим, ки назди Қодеш воқеъ аст, барафрошта буд.
12 Ва ба Сисро хабар доданд, ки Бороқ ибни Абинӯам ба кӯҳи Тобӯр баромадааст.
13 Ва Сисро ҳамаи аробаҳои худ, яъне нӯҳсад аробаи оҳанин, ва тамоми қавмеро, ки бо ӯ буданд, аз Ҳарӯшет‐Ҳаҷӯим сӯи наҳри Қишӯн фарьёд кард.
14 Ва Дебӯро ба Бороқ гуфт: «Бархез, зеро имрӯз рӯзест, ки Худованд Сисроро ба дасти ту таслим хоҳад кард; инак, Худованд пешопеши ту берун омадааст». Ва Бороқ аз кӯҳи Тобӯр фурӯд омад, ва даҳ ҳазор нафар аз ақиби ӯ.
15 Ва Худованд Сисро ва ҳамаи аробаҳо ва тамоми ӯрдуи ӯро пеши Бороқ ошуфта гардонида, ба дами шамшери ӯ гирифтор кард, ва Сисро аз болои ароба фурӯд омада, пои пиёда рӯ ба гурез овард.
16 Ва Бороқ аробаҳо ва ӯрдуро то Ҳарӯшет‐Ҳаҷӯим таъқиб намуд; ва тамоми ӯрдуи Сисро ба дами шамшер фурӯ ғалтиданд, як нафар ҳам аз онҳо боқӣ намонд.
17 Ва Сисро пои пиёда сӯи хаймаи Ёил, ки зани Ҳобари Қенӣ буд, гурехт; зеро ки дар байни Ёбин подшоҳи Ҳосӯр ва хонадони Ҳобари Қенӣ сулҳ буд.
18 Ва Ёил ба пешвози Сисро баромада, ба вай гуфт: «Биё, эй оғоям, назди ман биё, натарс». Вай назди ӯ ба хайма даромад, ва ӯ варо бо палосе пӯшонид.
19 Вай ба ӯ гуфт: «Маро каме об бинӯшон, зеро ки ташна мондаам». Ӯ машки ширро кушода, варо нӯшонид, ва аз нав варо пӯшонид.
20 Вай ба ӯ гуфт: «Назди дари хайма биист, ва агар касе биёяд ва аз ту пурсида, бигӯяд: „Оё касе дар ин ҷо ҳаст?“ — бигӯй: „Не“».
21 Ва Ёил, зани Ҳобар, мехи хаймаро кашида гирифт, ва болғаро ба дасти худ гирифта, оҳистаяк назди вай омад, ва мехро ба чаккаи вай кӯфт, ба тавре ки неши он ба замин фурӯ рафт; вай, ки ба сабаби мондагии худ дар хоби сахт буд, мурд.
22 Ва инак, Бороқ Сисроро таъқиб менамуд, ва Ёил ба пешвози ӯ баромада, ба ӯ гуфт: «Биё, касеро, ки ту меҷӯӣ, ба ту нишон диҳам». Ва ӯ назди вай даромад, ва инак, Сисро мурда афтодааст, ва мех дар чаккаи ӯст.
23 Ва Худо дар он рӯз Ёбин подшоҳи Канъонро пеши банӣ‐Исроил мутеъ гардонид.
24 Ва дасти банӣ‐Исроил бар Ёбин подшоҳи Канъон торафт бештар сахт мешуд, то даме ки Ёбин подшоҳи Канъонро маҳв карданд.
5БОБИ ПАНҶУМ
Суруди Дебӯро ва Бороқ.
1 Ва дар он рӯз Дебӯро бо Бороқ ибни Абинӯам чунин суруд гуфт:
2 «Вақте ки ҳарҷумарҷ дар Исроил ба амал омад,
қавм ба ихтиёр ғайрат карданд.
Худовандро ҷалол диҳед!
3 Бишнавед, эй подшоҳон! Гӯш диҳед, эй ҳокимон!
Ман барои Худованд, ман хоҳам сароид,
ман барои Худованд Худои Исроил суруд хоҳам хонд!
4 Худовандо, вақте ки Ту аз Сеир берун омадӣ,
вақте ки Ту аз дашти Адӯм қадамгузор шудӣ,
замин ба ларза омад, осмон низ қатра боронид;
абрҳо низ об боронид.
5 Кӯҳҳо аз ҳузури Худованд гудохта шуд,
мисли Сино аз ҳузури Худованд Худои Исроил!
6 Дар айёми Шамҷар ибни Анот,
дар айёми Ёил шоҳроҳҳо хало гардида буд,
ва роҳсипорон бо роҳҳои ғайримустақим равона мешуданд.
7 Саркардагон дар Исроил аз миён рафта, боқӣ намонда буданд,
то даме ки ман, Дебӯро, бархостам,
ман дар Исроил ҳамчун модар бархостам.
8 Худоёни навро ихтиёр карданд,
аз ин рӯ ҷанг ба дарвозаҳо расид;
дар миёни чил ҳазор нафар дар Исроил сипаре ва найзае дида нашудааст.
9 Дили ман ба сарварони Исроил илтифот дорад,
ва ба онҳое низ, ки аз миёни қавм ба ихтиёр ғайрат кардаанд.
Худовандро ҷалол диҳед!
10 Эй онҳое ки бар харони сафед савор шуда мегардед,
ва онҳое ки бар кӯрпачаҳо менишинед,
ва онҳое ки дар роҳ равона мешавед, мадҳ гӯед!
11 Дар зери садои тирандозони назди обхӯраҳо,
дар он ҷо аъмоли наҷотбахши Худовандро,
наҷотеро, ки Ӯ ба саркардагони Исроил бахшидааст, ситоиш мекунанд.
Он гоҳ қавми Худованд назди дарвозаҳо фурӯд омаданд.
12 Бедор шав, бедор шав, эй Дебӯро!
Бедор шав, бедор шав, суруде бигӯй!
Бархез, эй Бороқ, ва асирони худро ба асирӣ бибар, эй ибни Абинӯам!
13 Он гоҳ Ӯ бақияи камшуморро бар нерумандони қавм ҳукмфармо сохт;
Худованд маро бар баҳодурон ҳукмфармо сохт.
14 Аз ҷониби Эфроим онҳое омаданд, ки решаашон дар
кӯҳи Амолеқ аст;
аз қафои ту — Биньёмин бо мардуми сершумори ту;
аз ҷониби Мокир фармондеҳон фурӯд омаданд,
ва аз ҷониби Забулун — онҳое ки асои муншӣ дар дасташон буд.
15 Ва сарварони Иссокор бо Дебӯро буданд;
ва мардуми Иссокор, мисли Бороқ,
аз қафои ӯ ба водӣ шитофтанд;
дар ҳиссаҳои қабилаи Реубен андешаҳои дил бисьёр буд.
16 Чаро дар миёни қӯраҳо нишастаӣ,
то ки найҳои рамабононро бишнавӣ?
Дар ҳиссаҳои Реубен фикру андешаҳои дил бисьёр буд.
17 Ҷилъод дар он тарафи Урдун сокин буд,
ва Дон чаро назди киштиҳо истод?
Ошер дар соҳили баҳр нишаст,
ва назди халиҷҳои худ сукунат дошт.
18 Забулун қавме буданд, ки ҷони худро дар хатари мурдан гузоштанд,
ва Нафтолӣ низ дар баландиҳои саҳро.
19 Подшоҳон омада, ҷанг карданд;
он вақт подшоҳони Канъон дар Таънақ назди обҳои Маҷиддӯ ҷанг карданд,
лекин ҳеҷ музде бо нуқра нагирифтанд.
20 Аз осмон ҷанг карданд, — ситорагон аз мадори худ бо Сисро ҷанг карданд.
21 Наҳри Қишӯн онҳоро ғарқ кард, —
наҳри қадимӣ, наҳри Қишӯн.
Бо тамоми қувват, эй ҷони ман, душманро поймол кардӣ!
22 Он гоҳ сумҳои аспон ба сабаби гурезогурези
зӯроварони вай заминро кӯфтан гирифт.
23 Мерӯзро лаънат кунед! — мегӯяд фариштаи Худованд, —
сокинони онро сахт лаънат кунед,
зеро ки ба мадади Худованд наомаданд,
то ки Худовандро дар миёни баҳодурон дастгирӣ намоянд.
24 Бигзор Ёил, зани Ҳобари Қенӣ,
бештар аз занони дигар муборак бод,
бештар аз ҳамаи занони хайманишин муборак бод!
25 Вай об талабид, ӯ шир дод,
дар косаи мирон қаймоқ овард;
26 Дасти худро ба мех дароз кард,
ва ямини худро — ба путки коргарон;
ва Сисроро зарба зад, сари варо кафонид,
чаккаи варо шикофта, ба замин дӯхт.
27 Вай пеши пойҳои ӯ калла хам кард ва афтода, хобид;
пеши пойҳои ӯ калла хам карда, афтод;
дар ҷое ки калла хам кард, ҷон дода, афтод.
28 Модари Сисро аз тиреза нигоҳ мекунад
ва аз пушти панҷара фиғон мекашад:
„Чаро аробаи ӯ дар омадан таъхир менамояд?
Чаро чархҳои аробаҳояш даранг мекунад?“
29 Хотунҳои донои вай ба вай ҷавоб мегардонанд,
худаш низ чунин суханонашро барои худ такрор менамояд:
30 „Яқин аст, ки онҳо ғаниматеро ёфта, тақсим мекунанд:
як духтар, ду духтар барои ҳар мард,
ғанимати либосҳои рангоранг барои Сисро,
— ғанимати либосҳои рангоранге ки гулдӯзӣ карда шудааст;
матои гаронбаҳои дорои гулдӯзии дурӯя,
ки аз гардани асирон ба ғанимат гирифта шудааст“.
31 Бигзор ҳамин тавр ҳамаи душманонат маҳв шаванд, эй Худованд!
Вале дӯстдорони Ӯ бигзор мисли офтобе бошанд, ки бо тамоми қувваташ тулӯъ мекунад!»
Ва замин чил сол ором ёфт.
6БОБИ ШАШУМ
Бори чорум аз Худо дур шуда, гирифтори ғуломӣ гардиданд; довари шашум — Ҷидъӯн.
1 Ва банӣ‐Исроил он чи дар назари Худованд бад буд, ба амал оварданд, ва Худованд онҳоро ҳафт сол ба дасти Мидьён таслим кард.
2 Ва дасти Мидьён бар Исроил чунон гарон омад, ки банӣ‐Исроил, барои паноҳ шудан аз Мидьён, барои худ гузаргоҳҳои зерикӯҳӣ, мағораҳо ва истеҳкомҳо сохтанд.
3 Ва ҳангоме ки банӣ‐Исроил кишт мекарданд, мардуми Мидьён ва Амолеқ ва аҳли машриқ пайдо шуда, бар онҳо ҳуҷум меоварданд.
4 Ва назди онҳо ҷойгир шуда, тамоми ҳосили заминро то худди Ғазза несту нобуд мекарданд, ва барои зиндагии Исроил ҳеҷ хӯрокворӣ ва гӯсфанд ва гов ва хар боқӣ намегузоштанд.
5 Зеро ки онҳо бо чорвои худ ва бо хаймаҳои худ меомаданд, ва мисли малах бисьёр буданд, ба тавре ки худашон ва шутурҳошон сону шумор надоштанд; ва ба ин замин меомаданд, то ки онро валангор кунанд.
6 Ва банӣ‐Исроил аз дасти Мидьён бағоят бенаво гардиданд, ва банӣ‐Исроил сӯи Худованд истиғоса бурданд.
7 Ва чун банӣ‐Исроил сӯи Худованд аз зулми Мидьён истиғоса бурданд,
8 Худованд марди набие назди банӣ‐Исроил фиристод, ва ӯ ба онҳо гуфт: «Худованд Худои Исроил чунин мегӯяд: Ман шуморо аз Миср берун овардам, ва шуморо аз хонаи ғуломӣ берун овардам;
9 Ва шуморо аз дасти мисриён ва аз дасти ҳамаи онҳое ки ба шумо ситам мекарданд, раҳо намудам; ва онҳоро аз пеши шумо бадар ронда, заминашонро ба шумо додам.
10 Ва ба шумо гуфтам: Ман Худованд Худои шумо ҳастам. Аз худоёни амӯриён, ки дар заминашон маскан гирифтаед, натарсед; вале шумо овози Маро нашнидед».
11 Ва фариштаи Худованд омада, зери дарахти пистае ки дар Ӯфро аз они Юоши Абиэзрӣ буд, нишаст, ва писараш Ҷидъӯн гандумро дар чархушт мекӯфт, то ки онро аз Мидьён пинҳон кунад.
12 Ва фариштаи Худованд ба ӯ зоҳир шуда, гуфт: «Худованд бо туст, эй марди диловар!»
13 Ҷидъӯн ба вай гуфт: «Эй оғои ман, агар Худованд бо мо бошад, чаро ин ҳама ба сари мо омадааст? Ва куҷост ҳамаи корҳои аҷоиби Ӯ, ки падарони мо ба мо ҳикоят карда, гуфтанд, ки Худованд моро аз Миср берун овард? Ва алҳол Худованд моро тарк карда, ба дасти Мидьён таслим намудааст».
14 Ва Худованд ба ӯ рӯй оварда, гуфт: «Бо ин қуввати худ бирав, ва Исроилро аз дасти Мидьён наҷот деҳ; Ман туро мефиристам».
15 Ва дар ҷавоби Ӯ гуфт: «Худовандо, ман Исроилро чӣ гуна метавонам наҷот диҳам? Инак, хонаводаи ман дар сибти Менашше аз ҳама бенавотар аст, ва ман дар хонаи падарам аз ҳама ҷавонтарам».
16 Ва Худованд ба ӯ гуфт: «Ман бо ту хоҳам буд, ва ту Мидьёнро мисли як касе шикаст хоҳӣ дод».
17 Ва дар ҷавоби Ӯ гуфт: «Агар ман дар назарат илтифот ёфта бошам, аломате ба ман бинамо, ки Ту бо ман сухан меронӣ;
18 Лутфан, аз ин ҷо нарав, то даме ки назди Ту баргардам ва ҳадияи худро оварда, пеши Ту бимонам». Ва Ӯ гуфт: «То вақти баргаштани ту Ман интизор хоҳам истод».
19 Ва Ҷидъӯн рафта, таом аз гӯшти бузғола ва фатир аз як эфа орд тайёр кард, гӯштро дар сабад ва шӯрборо дар коса андохт, ва зери дарахти писта оварда, пеши Ӯ монд.
20 Ва фариштаи Худо ба ӯ гуфт: «Гӯшт ва фатирҳоро гирифта, бар ин сахра бимон, ва шӯрборо бирез». Ӯ чунин кард.
21 Ва фариштаи Худованд нӯги асоеро, ки дар дасташ буд, дароз карда, ба гӯшт ва фатирҳо расонид; ва оташе аз сахра баромада, гӯшт ва фатирҳоро фурӯ бурд; ва фариштаи Худованд аз пеши назари ӯ нопадид шуд.
22 Ва Ҷидъӯн фаҳмид, ки ин фариштаи Худованд аст, ва Ҷидъӯн гуфт: «Эй вой ба ман, Худоё Худовандо! Чунки фариштаи Худовандро рӯ ба рӯ дидаам».
23 Ва Худованд ба ӯ гуфт: «Осоиштагӣ бар ту бод, натарс, нахоҳӣ мурд».
24 Ва Ҷидъӯн дар он ҷо курбонгоҳе барои Худованд сохт, ва онро Худованд‐Осоиштагӣ хонд; он то имрӯз дар Ӯфрои Абиэзрӣ мавҷуд аст.
25 Ва дар он шаб чунин воқеъ шуд, ки Худованд ба ӯ гуфт: «Нарговеро, ки аз они падари туст, ва наргови дуюми ҳафтсоларо бигир; ва қурбонгоҳи Баалро, ки аз они падари туст, вайрон кун, ва бути чӯбини Ашераро, ки бар он аст, бишкан.
26 Ва барои Худованд Худои худ бар сари ин сахра қурбонгоҳе бар тибқи таомул бисоз; ва наргови дуюмро гирифта, бар чӯбҳои бути Ашера, ки шикастаӣ, ҳамчун қурбонии сӯхтанӣ биёр».
27 Ва Ҷидъӯн даҳ нафар аз ғуломонаш гирифт, ва он чи Худованд ба ӯ гуфта буд, ба ҷо овард; ва азбаски аз хонадони падараш ва аз мардуми шаҳр метарсид, ки ин корро рӯзона ба ҷо оварад, ӯ онро шабона ба ҷо овард.
28 Ва бомдодон мардуми шаҳр бархостанд, ва инак, курбонгоҳи Баал вайрон, ва бути Ашера, ки бар он буд, шикаста шудааст; ва наргови дуюм бар қурбонгоҳи навобод ҳамчун қурбонии сӯхтанӣ оварда шудааст.
29 Ва ба якдигар гуфтанд: «Кист, ки ин корро кардааст?» Ва пурсупос ва тафтиш намуда, гуфтанд: «Ҷидъӯн ибни Юош ин корро кардааст».
30 Ва мардуми шаҳр ба Юош гуфтанд: «Писаратро берун барор, то бимирад, зеро ки қурбонгоҳи Баалро вайрон кардааст ва бути Ашераро, ки бар он буд, шикастааст».
31 Ва Юош ба ҳамаи онҳое ки дар пеши ӯ истода буданд, гуфт: «Оё шумо Баалро тарафгирӣ менамоед? Оё шумо варо раҳо мекунед? Хар кӣ варо тарафгирӣ намояд, то субҳидам кушта хоҳад шуд! Агар вай Худо бошад, бигзор худро тарафгирӣ намояд, зеро ки қурбонгоҳи варо ӯ вайрон кардааст».
32 Ва дар он рӯз ӯро Ерубаал номида, гуфт: «Бигзор Баал бо ӯ талош намояд, зеро ки курбонгоҳи варо вайрон кардааст».
33 Ва тамоми Мидьён ва Амолеқ ва аҳли машриқ якҷоя ҷамъ шуданд, ва аз наҳр убур намуда, дар водии Изреъил ӯрду заданд.
34 Ва Рӯҳи Худованд Ҷидъӯнро фаро гирифт; ва ӯ шох навохт, ва аҳли Абиэзер дар ақиби ӯ ҷамъ шуданд.
35 Ва ба тамоми сибти Менашше қосидон фиристод, ва онҳо низ дар ақиби ӯ ҷамъ шуданд; ба сибтҳои Ошер, Забулун ва Нафтолӣ низ қосидон фиристод, ва онҳо ба пешвозашон баромаданд.
36 Ва Ҷидъӯн ба Худо гуфт: «Агар Ту Исроилро бо дасти ман наҷот доданӣ бошӣ, чунон ки гуфтаӣ,
37 Инак, ман дар хирмангоҳ як миқдор пашми тарошидашударо паҳн карда мемонам: агар шабнам фақат бар пашм буда, тамоми замин хушк бошад, хоҳам донист, ки Ту Исроилро бо дасти ман наҷот медиҳӣ, чунон ки гуфтаӣ».
38 Ва ҳамин тавр ба амал омад: бомдодон ӯ бармаҳал бархоста, пашмро пахш кард, ва як коса аз оби шабнам пур шуд.
39 Ва Ҷидъӯн ба Худо гуфт: «Хашми Ту бар ман аланга нагирад, агар боз бигӯям, ки ман як бори дигар пашмро хоҳам озмуд: бигзор фақат пашм хушк монад, вале бар тамоми замин шабнам бошад».
40 Ва Худо дар он шаб ҳамин тавр кард: фақат пашм хушк монд, вале бар тамоми замин шабнам буд.
7БОБИ ҲАФТУМ
Тайёрӣ ба ҳарбу зарб бар зидди Мидьён.
1 Ва Ерубаал, ки Ҷидъӯн бошад, ва тамоми қавме ки бо ӯ буданд, субҳидам бархоста, назди чашмаи Ҳарӯд ӯрду заданд; ва ӯрдуи Мидьён ба тарафи шимолии Ҷабъаи Мӯре, дар водӣ буд.
2 Ва Худо ба Ҷидъӯн гуфт: «Қавме ки бо ту ҳастанд, бештар аз онанд, ки Мидьёнро ба дасти онҳо таслим намоям, мабодо Исроил ба ҳузури Ман фахр карда, гӯянд, ки „дасти мо моро наҷот дод“.
3 Ва акнун ба гӯши қавм хитоб намуда, бигӯй: „Ҳар кӣ тарсончак ва беҷуръат бошад, бигзор аз кӯҳи Ҷилъод гашта равад“». Ва бисту ду ҳазор нафар аз қавм гашта рафтанд, ва даҳ ҳазор нафар боқӣ монданд.
4 Ва Худованд ба Ҷидъӯн гуфт: «Қавм ҳанӯз бисьёранд; онҳоро назди об фурӯд ор, то ки дар он ҷо Ман барои ту аз онҳо интихоб намоям; ва ҳангоме ки дар бораи касе ба ту бигӯям: „Ин бо ту биравад“, — вай бо ту хоҳад рафт, ва дар бораи касе ба ту бигӯям: „Ин бо ту наравад“, — вай нахоҳад рафт».
5 Ва қавмро назди об фурӯд овард. Ва Худованд ба Ҷидъӯн гуфт: «Ҳар кӣ обро бо забони худ бинӯшад, чунон ки саг менӯшад, варо танҳо бигузор, ва ҳар киро низ, ки ба зонуи худ хам шуда бинӯшад».
6 Ва шумораи онҳое ки даст ба даҳон оварда нӯшиданд, сесад нафар буд; ва тамоми бақияи қавм ба зонуи худ хам шуда, об нӯшиданд.
Ҷидъӯн сесад мардро ҷудо мекунад.
7 Ва Худованд ба Ҷидъӯн гуфт: «Бо ин сесад нафар, ки даст ба даҳон оварда нӯшиданд, Ман шуморо наҷот хоҳам дод, ва Мидьёнро ба дасти ту таслим хоҳам намуд, ва тамоми қавм бигзор ҳар яке ба макони худ бираванд».
8 Ва он мардон тӯшаи қавм ва шохҳои худро ба дасти худ гирифтанд, ва бақияи исроилиёнро ӯ ба хаймаҳошон фиристода, сесад нафарро нигоҳ дошт; ва ӯрдуи Мидьён дар поёни ӯ, дар водӣ буданд.
9 Ва дар ҳамон шаб Худованд ба ӯ гуфт: «Бархоста, ба ӯрду фурӯд ой, зеро ки онро ба дасти ту таслим намудаам.
10 Ва агар ту аз фурӯд омадан метарсида бошӣ, бо навкари худ Фуро ба ӯрду фурӯд ой.
11 Ва чун бишнавӣ, ки онҳо чӣ мегӯянд, баъд аз он дастҳои ту кавӣ хоҳад гардид, ва ба ӯрду фурӯд хоҳӣ омад». Ва ӯ бо ҳамроҳии навкараш Фуро ба канори дастаи пешгарди мусаллаҳе ки дар ӯрду буд, фурӯд омад.
12 Ва Мидьён ва Амолеқ ва тамоми аҳли машриқ, ки дар водӣ ӯрду зада буданд, мисли малах сершумор буданд; ва шутурони онҳо сону шумор надошт, мисли реге ки дар соҳили баҳр аст, бисьёр буд.
13 Ва Ҷидъӯн омад. Ва инак, касе ба рафиқаш хоби худро ҳикоят карда, мегӯяд: «Ман хоб дидам, ки як қурси нони ҷавин дар ӯрдуи Мидьён ғелида омада, ба хаймае расид, ва онро зада чаппаву роста кард, ва хайма фурӯ ғалтид».
14 Ва рафиқаш дар ҷавоб гуфт: «Ин ҷуз шамшери Ҷидъӯн ибни Юош, марди исроилӣ, чизи дигаре нест. Мидьён ва тамоми ӯрдуро Худо ба дасти вай таслим кардааст».
15 Ва ҳамин ки Ҷидъӯн ҳикояти хоб ва таъбири онро шунид, саҷда бурда, ба ӯрдуи Исроил баргашт, ва гуфт: «Бархезед! Зеро ки Худованд ӯрдуи Мидьёнро ба дасти шумо таслим кардааст».
Ғалаба бар Мидьён.
16 Ва сесад нафарро ба се фавҷ тақсим намуд, ва ба дасти ҳамаи онҳо шохҳо ва кӯзаҳои холӣ дод, ва андаруни кӯзаҳо машъалҳо буд.
17 Ва ба онҳо гуфт: «Ба ман нигоҳ карда, мисли ман амал намоед. Инак, ман ба канори ӯрду мерасам, ва ҳар чи ман бикунам, шумо ончунон бикунед.
18 Ва ҳангоме ки ман ва ҳамаи онҳое ки бо ман ҳастанд, шох навозем, шумо низ гирдогирди тамоми ӯрду шохҳоро бинавозед ва фарьёд зада, бигӯед: „Барои Худованд ва барои Ҷидъӯн!“»
19 Ва Ҷидъӯн ва сад нафаре ки бо ӯ буданд, ба канори ӯрду дар ибтидои поси миёна, вақте ки посбонон навакак иваз шуда буданд, расида, шохҳоро навохтанд ва кӯзаҳоро, ки дар дасташон буд, шикастанд.
20 Ва ҳар се фавҷ шохҳоро навохтанд, ва кӯзаҳоро шикастанд, ва машъалҳоро дар дасти чапашон ва шохҳоро дар дасти росташон нигоҳ дошта, менавохтанд ва фарьёд мезаданд: «Шамшер барои Худованд ва барои Ҷидъӯн!»
21 Ва ҳар яке дар ҷои худ гирдогирди ӯрду истоданд; ва тамоми ӯрду давида ва фарьёд зада, рӯ ба гурез ниҳоданд.
22 Ва сесад шох як зайл менавохт, ва Худованд шамшери ҳар якеро сӯи рафиқаш нигаронид, ва дар тамоми ӯрду вазъият чунин буд, ва ӯрду то Байт‐Ҳашитто ба сӯи Сареро ва то канори Обил‐Маҳӯло, ки назди Таббот аст, гурехтанд.
23 Ва исроилиён аз Нафтолӣ ва Ошер ва тамоми Менашше ҷамъ шуда, Мидьёнро таъқиб карданд.
24 Ва Ҷидъӯн ба тамоми кӯҳи Эфроим қосидон фиристода, гуфт: «Ба пешвози Мидьён фурӯд оед ва онҳоро аз манбаъҳои об то Байт‐Боро ва аз маъбарҳои Урдун маҳрум созед». Ва тамоми мардуми Эфроим ҷамъ шуда, манбаъҳои обро то Байт‐Боро, ва маъбарҳои Урдунро ишғол карданд.
25 Ва ду мири Мидьён — Ӯриб ва Заибро дастгир карда, Ӯрибро дар Сур‐Ӯриб, ва Заибро дар Еқеб‐Заиб куштанд, ва Мидьёнро таъқиб карданд; ва каллаи Ӯриб ва Заибро аз он тарафи Урдун назди Ҷидъӯн оварданд.
8БОБИ ҲАШТУМ
Хархашаи сибти Эфроим. Аъмоли Ҷидъӯн ва фавти ӯ.
1 Ва мардуми Эфроим ба ӯ гуфтанд: «Ин чӣ кор аст, ки ба мо кардӣ, яъне вақте ки бар зидди Мидьён ба ҷанг рафтӣ, моро даъват нанамудӣ?» Ва ба ӯ сахт хархаша карданд.
2 Вале ӯ ба онҳо гуфт: «Алҳол ман чӣ коре мисли шумо кардаам? Оё шингилҳои охирине ки Эфроим чидааст, аз тамоми ангурчинии Абиэзер беҳтар нест?
3 Мирони Мидьён, Ӯриб ва Заибро Худо ба дасти шумо таслим намуд, ва ман чӣ коре мисли шумо метавонистам бикунам?» Вақте ки ӯ ин суханонро гуфт, хашмашон аз ӯ фурӯ нишаст.
4 Ва Ҷидъӯн ба Урдун расид; ӯ ва сесад нафаре ки ҳамроҳаш буданд, убур карданд. Онҳо монда шуда буданд, вале ҳанӯз таъқиб менамуданд.
5 Ва ӯ ба мардуми Суккӯт гуфт: «Лутфан, ба қавме ки дар ақиби ман равонанд, нон бидиҳед, зеро ки онҳо монда шудаанд, ва ҳол он ки ман подшоҳони Мидьён, Забаҳ ва Салмуноъро таъқиб менамоям».
6 Вале мирони Суккӯт гуфтанд: «Магар кафи Забаҳ ва Салмуноъ аллакай дар дасти туст, то ки ба лашкари ту нон диҳем?»
7 Ва Ҷидъӯн гуфт: «Ба ин сабаб, вақте ки Худованд Забаҳ ва Салмуноъро ба дасти ман таслим намояд, ман гӯшти бадани шуморо бо хорҳои биёбон ва бо янтоқҳо хоҳам кӯфт».
8 Ва аз он ҷо ӯ ба Фануил рафта, ба мардумаш айни ҳамон суханро гуфт, ва онҳо ба ӯ он гуна ҷавоб доданд, ки мардуми Суккӯт ҷавоб дода буданд.
9 Ва ӯ ба мардуми Фануил низ гуфт: «Вақте ки ба саломатӣ баргардам, ин бурҷро вайрон хоҳам кард».
10 Ва Забаҳ ва Салмуноъ дар Қарқӯр буданд, ва ӯрдуи онҳо тақрибан аз понздаҳ ҳазор нафар иборат буд, ки инҳо аз тамоми ӯрдуи аҳли машриқ боқӣ монда буданд, чунки саду бист ҳазор нафар мардони ҷангӣ несту нобуд шуда буданд.
11 Ва Ҷидъӯн бо роҳи хайманишинон ба тарафи шарқии Нӯвоҳ ва Ёҷбеҳо баромада, ӯрдуро зарба зад, дар сурате ки ӯрду бепарво мезистанд.
12 Забаҳ ва Салмуноъ рӯ ба гурез оварданд, ва ӯ онҳоро таъқиб менамуд, ва ду подшоҳи Мидьён, Забаҳ ва Салмуноъро дастгир кард, ва тамоми ӯрду ба ҳарос афтоданд.
13 Ва Ҷидъӯн ибни Юош аз баландии Ҳорас аз ҷанг баргашт.
14 Ва амрадеро аз мардуми Суккӯт дастгир карда, аз вай пурсупос намуд, ва вай барои ӯ номҳои мирони Суккӯт ва пирони онро, ки ҳафтоду ҳафт нафар буданд, навишт.
15 Ва ӯ назди мардуми Суккӯт омада, гуфт: «Инак Забаҳ ва Салмуноъ, ки дар бораи онҳо шумо тамасхур намуда, гуфтед: „Магар кафи Забаҳ ва Салмуноъ аллакай дар дасти туст, то ки ба одамони хастаи ту нон диҳем?“»
16 Ва пирони шаҳр ва хорҳои биёбон ва янтоқҳоро гирифта, бо онҳо мардуми Суккӯтро ба ҷазо мустаҳиқ намуд.
17 Ва бурҷи Фануилро вайрон карда, мардуми шаҳрро кушт.
18 Ва ба Забаҳ ва Салмуноъ гуфт: «Онҳое ки шумо дар Тобӯр куштед, чӣ гуна одамон буданд?» Ва гуфтанд: «Онҳо мисли ту буданд, ҳар яке намуди шоҳзодаро дошт».
19 Ва ӯ гуфт: «Онҳо бародарони ман, писарони модари ман буданд. Ба Худованди Ҳай қасам, ки агар онҳоро зинда нигоҳ медоштед, ман шуморо намекуштам».
20 Ва ба нахустзодаи худ Етер гуфт: «Бархез ва онҳоро бикуш!» Лекин амрад шамшери худро накашид, зеро ки метарсид, чунки ҳанӯз амрад буд.
21 Ва Забаҳ ва Салмуноъ гуфтанд: «Бархез ва моро бикуш, зеро ки мардро мардонагӣ месозад». Ва Ҷидъӯн бархоста, Забаҳ ва Салмуноъро кушт, ва ҳилолҳои зарринро, ки бар гардани шутурҳошон буд, гирифт.
22 Ва исроилиён ба Ҷидъӯн гуфтанд: «Бар мо салтанат бирон, ҳам худат, ҳам писарат, ҳам писари писарат; зеро ки ту моро аз дасти Мидьён раҳо кардӣ».
23 Вале Ҷидъӯн ба онҳо гуфт: «Ман бар шумо салтанат нахоҳам ронд, писарам низ бар шумо салтанат нахоҳад ронд; Худованд бар шумо салтанат хоҳад ронд».
24 Ва Ҷидъӯн ба онҳо гуфт: «Аз шумо хоҳише дорам, ки ҳар яке аз шумо гӯшворае аз ғанимати худ ба ман бидиҳад». Зеро ки исмоилиён гӯшвораҳои тилло доштанд.
25 Ва гуфтанд: «Албатта хоҳем дод». Ва пероҳане паҳн карда, ҳар яке гӯшвораеро аз ғанимати худ дар он андохтанд.
26 Ва вазни гӯшвораҳои тиллое ки ӯ талабид, ҳазору ҳафтсад сиқли тилло буд, ғайр аз ҳилолҳо ва ҳалқаҳо ва либосҳои арғувоне ки бар подшоҳони Мидьён буд, ва ғайр аз гарданбандҳое ки бар гардани шутурҳошон буд.
27 Ва Ҷидъӯн аз он тилло эфӯд сохта, онро дар шаҳри худ Ӯфро гузошт; ва ҳамаи исроилиён аз пушти он дар он ҷо ба бутпарастӣ дода шуданд, ва он барои Ҷидъӯн ва хонадони ӯ доме гардид.
28 Ва аҳли Мидьён пеши банӣ‐Исроил итоат карданд, ва дигар сари худро набардоштанд; ва замин дар айёми Ҷидъӯн чил сол ором ёфт.
29 Ва Ерубаал ибни Юош рафта, дар хонаи худ умр ба сар бурд.
30 Ва Ҷидъӯн ҳафтод писар дошт, ки аз камари ӯ ба вуҷуд омада буданд, зеро ки занонаш бисьёр буданд.
31 Ва суррияе ки ӯ дар Шакем дошт, вай низ барои ӯ писаре зоид, ва ӯ ин писарро Абималик ном монд.
32 Ва Ҷидъӯн ибни Юош дар пирии некӯ вафот ёфт, ва дар мақбараи падараш Юош дар Ӯфрои Абиэзрӣ дафн карда шуд.
Бори панҷум аз Худо дур шуда, ошӯб бардоштанд.
33 Ва чунин воқеъ шуд, ки чун Ҷидъӯн вафот ёфт, банӣ‐Исроил аз нав ба ибодати Баалҳо дода шуданд, ва Баал‐Бритро худои худ донистанд.
34 Ва банӣ‐Исроил Худованд Худои худро ба ёд наоварданд, ки Ӯ онҳоро аз дасти ҳамаи душманоне ки дар гирду пеши худ доштанд, раҳо карда буд.
35 Ва ба хонадони Ерубаал, ки Ҷидъӯн бошад, ба хотири тамоми некие ки ӯ ба Исроил карда буд, эҳсон нанамуданд.
9БОБИ НӮҲУМ
Суиқасди Абималик.
1 Ва Абималик ибни Ерубаал назди бародарони модараш ба Шакем рафт; ва ба онҳо ва ба тамоми қабилаи хонадони падари модараш сухан ронда, гуфт:
2 «Лутфан, дар гӯшҳои ҳамаи сокинони Шакем бигӯед: „Барои шумо кадомаш беҳтар аст: оё бар шумо ҳафтод нафар, яъне ҳамаи писарони Ерубаал салтанат ронанд, ё ки бар шумо як нафар салтанат ронад?“ Ва ба ёд оваред, ки ман устухон ва гӯшти шумо ҳастам».
3 Ва бародарони модараш дар бораи ӯ дар гӯшҳои ҳамаи сокинони Шакем ҳамаи ин суханонро гуфтанд; ва дили онҳо ба тарафдории Абималик моил шуд, зеро ки гуфтанд: «Ӯ бародари мост».
4 Ва аз хонаи Баал‐Брит ҳафтод сиқл нуқра ба ӯ доданд; ва Абималик одамони бемулоҳиза ва лоуболро ба он нуқра киро кард, ва онҳо аз ақиби ӯ рафтанд.
5 Ва ӯ ба хонаи падараш ба Ӯфро омада, бародарони худ, писарони Ерубаалро, ки ҳафтод нафар буданд, бар як санг кушт; вале Ютом, писари хурдии Ерубаал, зинда монд, чунки пинҳон шуд.
6 Ва ҳамаи сокинони Шакем ва тамоми аҳли Байт‐Миллӯ ҷамъ шуда рафтанд ва Абималикро назди булути сутун, ки дар Шакем буд, подшоҳ карданд.
7 Ва ҳангоме ки инро ба Ютом хабар доданд, ӯ рафта, бар сари кӯҳи Ҷаризим истод, ва овози худро баланд карда, фарьёд зад ва ба онҳо гуфт: «Маро бишнавед, эй сокинони Шакем, то ки Худо шуморо бишнавад!
8 Як замоне дарахтон рафтанд, то ки подшоҳеро бар худ тадҳин намоянд; ва ба дарахти зайтун гуфтанд: „Бар мо подшоҳӣ бикун“.
9 Вале дарахти зайтун ба онҳо гуфт: „Оё равғани худро, ки бо он Худо ва одамонро ҷалол медиҳанд, ман тарк кунам, ва рафта овора шавам, то ки бар дарахтон нигаҳбонӣ намоям?“
10 Ва дарахтон ба дарахти анҷир гуфтанд: „Ту омада, бар мо подшоҳӣ бикун“.
11 Вале дарахти анҷир ба онҳо гуфт: „Оё ширинӣ ва меваи хуби худро ман тарк кунам, ва рафта овора шавам, то ки бар дарахтон нигаҳбонӣ намоям?“
12 Ва дарахтон ба токи ангур гуфтанд: „Ту омада, бар мо подшоҳӣ бикун“.
13 Вале токи ангур ба онҳо гуфт: „Оё шираи худро, ки Худо ва одамонро дилшод мегардонад, ман тарк кунам ва рафта овора шавам, то ки бар дарахтон нигаҳбонӣ намоям?“
14 Ва ҳамаи дарахтон ба хори муғелон гуфтанд: „Ту омада, бар мо подшоҳӣ бикун“.
15 Ва хори муғелон ба дарахтон гуфт: „Агар ҳақиқатан шумо маро бар худ ба подшоҳӣ тадҳин мекарда бошед, пас биёед ва дар сояи ман паноҳ баред; вагар на, оташе аз хори муғелон берун омада, арзҳои Лубнонро фурӯ хоҳад бурд“.
16 Ва акнун, агар шумо ҳақиқатан ва аз рӯи адолат амал намуда, Абималикро подшоҳ карда бошед, ва агар ба Ерубаал ва хонадонаш некӣ карда бошед, ва агар ба ӯ мувофиқи амали дастҳояш муносибат карда бошед, —
17 Дар сурате ки падарам барои шумо ҷангида ва ҷони худро дар хатар гузошта, шуморо аз дасти Мидьён раҳо кард,
18 Вале шумо имрӯз бар хонадони падарам қиём намуда, ҳафтод нафар писарони ӯро бар як санг куштед, ва писари канизи ӯ — Абималикро бар сокинони Шакем подшоҳ кардед, зеро ки вай бародари шумост!
19 Ва агар ҳақиқатан ва аз рӯи адолат имрӯз ба Ерубаал ва хонадонаш чунин амал карда бошед, — пас шумо аз Абималик шод бошед, ва ӯ низ аз шумо шод бошад.
20 Вагар на, оташе аз Абималик берун омада, сокинони Шакем ва аҳли Байт‐Миллӯро фурӯ хоҳад бурд, ва оташе аз сокинони Шакем ва аҳли Байт‐Миллӯ берун омада, Абималикро фурӯ хоҳад бурд».
21 Ва Ютом давида, рӯ ба гурез ниҳод ва ба Баир расида, аз дасти бародараш Абималик дар он ҷо сокин шуд.
22 Ва Абималик се сол бар Исроил салтанат ронд.
23 Ва Худо рӯҳи шарире дар миёни Абималик ва сокинони Шакем фиристод, ва сокинони Шакем дар ҳаққи Абималик хиёнат карданд,
24 То интиқоми ситаме ки дар ҳаққи ҳафтод писари Ерубаал ба амал омад, гирифта шавад, ва хуни онҳо бар гардани бародарашон Абималик, ки онҳоро кушт, ва бар гардани сокинони Шакем афтад, ки онҳо дастҳои ӯро дар куштани бародаронаш тақвият доданд.
25 Ва сокинони Шакем ба муқобили ӯ бар қуллаҳои кӯҳҳо каминваронро гузоштанд, ва онҳо ҳар касро, ки дар роҳ аз пешашон мегузашт, тороҷ мекарданд; дар ин бора ба Абималик хабар дода шуд.
26 Ва Ҷуал ибни Обид бо бародаронаш омад, ва онҳо дар Шакем мегаштанд; ва сокинони Шакем ба ӯ умед бастанд.
27 Ва ба саҳро баромада, ҳосили токҳои худро чиданд, ва онро дар чархуштҳо фишурда, базмҳо барпо карданд, ва ба хонаи худои худ омада, хӯрданд ва нӯшиданд ва Абималикро лаънат гуфтанд.
28 Ва Ҷуал ибни Обид гуфт: «Абималик кист ва Шакем кист, ки ба вай бандагӣ кунем? Вай, охир, писари Ерубаал мебошад, ва Забул фақат амалдори ӯст! Беҳтар аст, ки ба одамони Ҳамӯр падари Шакем бандагӣ кунед! Чаро мо ба вай бандагӣ мекардаем?
29 Кошки ин қавм зери дасти ман мебуданд, ва ман Абималикро дур мекардам! Ва ба Абималик гуфт: „Лашкари худро биафзой ва берун ой!“»
30 Ва сардори шаҳр, Забул, суханони Ҷуал ибни Обидро шунида, хашмаш аланга гирифт.
31 Ва пинҳонӣ қосидонро назди Абималик фиристода, гуфт: «Инак, Ҷуал ибни Обид ва бародаронаш ба Шакем омадаанд, ва инак онҳо аҳли шаҳрро ба муқобили ту ба шӯр меоваранд.
32 Ва акнун шабона бархез, худат ва қавме ки бо ту ҳастанд, ва дар саҳро камин кун.
33 Ва субҳидам, баробари тулӯъ кардани офтоб, бархоста, ба шаҳр ҳуҷум намо; ва инак, ӯ ва қавме ки бо ӯ ҳастанд, сӯи ту берун хоҳанд омад, ва он гоҳ ба онҳо ҳар он чи аз дастат ояд, хоҳӣ кард».
34 Ва Абималик ва тамоми қавме ки бо ӯ буданд, шабона бархостанд, ва чор даста шуда, бар Шакем камин гирифтанд.
35 Ва Ҷуал ибни Обид берун омада дар даҳани дарвозаи шаҳр истод; ва Абималик бо қавме ки ҳамроҳи ӯ буданд, аз камин бархост;
36 Ва Ҷуал қавмро дида, ба Забул гуфт: «Инак, қавм аз қуллаҳои кӯҳҳо фурӯд меоянд». Ва Забул ба ӯ гуфт: «Сояи кӯҳҳоро ту мисли одамон мебинӣ».
37 Ва Ҷуал боз сухан ронда, гуфт: «Инак, қавм аз нофи замин фурӯд меоянд; ва як даста аз роҳи Элӯн‐Меӯненим меоянд».
38 Ва Забул ба ӯ гуфт: «Даҳони ту куҷост, ки мегуфтӣ: „Абималик кист, ки ба вай бандагӣ кунем?“ Инҳо, охир, ҳамон қавме ҳастанд, ки ту ба онҳо беэътиноӣ намудӣ. Акнун берун рафта, бо онҳо ҳарбу зарб кун».
39 Ва Ҷуал пешопеши сокинони Шакем берун омада, бо Абималик ҷанг кард.
40 Ва Абималик ӯро таъқиб намуд, ва ӯ аз пеши вай гурехт; ва мақтулони зиёде то худи даҳани дарвоза фурӯ ғалтиданд.
41 Ва Абималик дар Орумо сокин шуд; ва Забул Ҷуал ва бародаронашро бадар ронд, то ки дар Шакем сукунат надошта бошанд.
42 Ва фардояш чунин воқеъ шуд, ки қавм ба саҳро баромаданд; ва инро ба Абималик хабар доданд.
43 Ва ӯ қавми худро гирифта, ба се даста тақсим кард, ва дар саҳро камин гирифт; ва дид, ки инак, қавм аз шаҳр берун меоянд, ва ӯ бархоста, онҳоро зарба зад.
44 Ва Абималик ва дастае ки бо ӯ буданд, хамла оварда, дар даҳани дарвозаи шаҳр истоданд, ва ду дастаи дигар бар ҳамаи онҳое ки дар саҳро буданд, ҳуҷум карда, онҳоро зарба заданд.
45 Ва Абималик тамоми он рӯз бо аҳли шаҳр ҷанг карда, шаҳрро забт намуд, ва қавмеро, ки дар он буданд, кушт; ва шаҳрро валангор карда, намак бар он пошид.
46 Ва ҳамаи сокинони бурҷи Шакем инро шунида, ба бурҷи Байт‐Ил‐Брит омаданд.
47 Ва ба Абималик хабар расид, ки ҳамаи сокинони бурҷи Шакем дар он ҷо ҷамъ шудаанд.
48 Ва Абималик ва тамоми қавме ки бо ӯ буданд, ба кӯҳи Салмӯн баромаданд; ва Абималик табаре ба дасти худ гирифта, шохаи калоне аз дарахт бурид, ва онро бардошта, бар китфи худ гузошт, ва ба қавме ки бо ӯ буданд, гуфт: «Он чи ман кардам, дидед; пас таъҷил намуда, мисли ман амал кунед».
49 Ва тамоми қавм низ, ҳар яке шохаи худро бурида аз ақиби Абималик рафтанд, ва онҳоро дар гирди бурҷ гузошта, ба воситаи онҳо бурҷро оташ доданд; ва ҳамаи одамони бурҷи Шакем низ, ки тақрибан ҳазор мард ва зан буданд, мурданд.
50 Ва Абималик ба Тебес рафт; ва назди Тебес ӯрду зада, онро забт намуд.
51 Ва андаруни шаҳр бурҷи мустаҳкаме буд; ва ҳамаи мардон ва занон, ва ҳамаи сокинони шаҳр, дар он ҷо гурехта ва аз пушти худ дарҳоро баста, болои боми бурҷ баромаданд.
52 Ва Абималик назди бурҷ омада, бо он ҷанг кард, ва ба даҳани бурҷ наздик шуд, то ки онро оташ диҳад.
53 Ва зане порчаи санги осиёро бар сари Абималик андохта, косахонаи сарашро шикаст.
54 Ва ӯ зуд навкари силоҳбардори худро хонда, ба вай гуфт: «Шамшератро кашида, маро бикуш, мабодо гӯянд, ки „зане ӯро кушт“». Ва навкараш ӯро шамшер зад, ва ӯ мурд.
55 Ва исроилиён диданд, ки Абималик мурд, ва ҳар яке ба макони худ рафтанд.
56 Ва Худо бадкирдории Абималикро, ки дар ҳаққи падараш бо куштани ҳафтод бародари худ карда буд, бар сараш баргардонид; ва тамоми бадкирдории мардуми Шакемро Худо бар сарашон баргардонид; ва лаънати Ютом ибни Ерубаал бар онҳо омад.
10БОБИ ДАҲУМ
Тӯлоъ — довари ҳафтум.
1 Ва баъд аз Абималик Тӯлоъ ибни Фуоҳ ибни Дӯдӯ, марде аз сибти Иссокор бархост, то ки Исроилро наҷот диҳад; ва ӯ дар Шомир, дар кӯҳи Эфроим сукунат дошт.
2 Ва ӯ бар Исроил бисту се сол доварӣ намуд; ва ӯ вафот ёфта, дар Шомир дафн карда шуд.
Ёир — довари ҳаштум.
3 Ва баъд аз ӯ Ёири ҷилъодӣ бархоста, бар Исроил бисту ду сол доварӣ намуд.
4 Ва ӯ сӣ писар дошт, ки бар сӣ харкурра савор мешуданд, ва онҳо сӣ шаҳр доштанд; онҳо то имрӯз деҳоти Ёир номида мешаванд, ки дар замини Ҷилъод воқеанд.
5 Ва Ёир вафот ёфта, дар Қомӯн дафн карда шуд.
Бори шашум аз Худо дур шудани Исроил ва гирифтори асорат гардидани он.
6 Ва аз нав банӣ‐Исроил он чи дар назари Худованд бад буд, ба амал оварданд, ва Баалҳо, ва Аштораҳо, ва худоёни Арам, ва худоёни Сидӯн, ва худоёни Мӯоб, ва худоёни банӣ‐Аммӯн, ва худоёни фалиштиёнро ибодат мекарданд; ва Худовандро тарк намуданд, ва Ӯро ибодат намекарданд.
7 Ва хашми Худованд бар Исроил аланга гирифт, ва Ӯ онҳоро ба дасти фалиштиён ва ба дасти банӣ‐Аммӯн таслим намуд.
8 Ва онҳо банӣ‐Исроилро дар он сол ба танг оварданд ва азият доданд; ҳаждаҳ сол дар ҳаққи тамоми банӣ‐Исроил, ки дар он тарафи Урдун, дар замини амӯриён, дар Ҷилъод буданд, зулм карданд.
9 Ва банӣ‐Аммӯн аз Урдун гузаштанд, то ки ба Яҳудо ва Биньёмин ва хонадони Эфроим низ ҷанг кунанд: ва исроилиён бағоят ба танг омаданд.
10 Ва банӣ‐Исроил сӯи Худованд истиғоса бурда, гуфтанд: «Мо пеши Ту гуноҳкор шудаем, зеро ки Худои худро тарк намуда, Баалҳоро ибодат кардаем».
11 Ва Худованд ба банӣ‐Исроил гуфт: «Ман, охир, шуморо аз мисриён, ва аз амӯриён, ва аз банӣ‐Аммӯн, ва аз фалиштиён наҷот додам;
12 Ва аҳли Сидӯн, ва Амолеқ, ва Моӯн шуморо ба танг оварданд, ва шумо сӯи ман истиғоса бурдед, ва Ман шуморо аз дасти онҳо наҷот додам.
13 Ва шумо Маро тарк карда, худоёни дигарро ибодат намудед, бинобар ин Ман шуморо дигар наҷот нахоҳам дод.
14 Биравед ва сӯи худоёне ки баргузидаед, истиғоса баред; бигзор онҳо шуморо дар вақти тангии шумо наҷот диҳанд».
15 Ва банӣ‐Исроил ба Худованд гуфтанд: «Мо гуноҳкор шудаем; ҳар он чи дар назари ту писанд ояд, ба мо бикун, фақат имрӯз моро раҳоӣ деҳ».
16 Ва онҳо худоёни бегонаро аз даруни худ дур карданд, ва Худовандро ибодат намуданд; ва дили Ӯ аз боиси азиятҳои Исроил маҳзун шуд.
17 Ва банӣ‐Аммӯн ҷамъ шуда, дар Ҷилъод ӯрду заданд; ва банӣ‐Исроил ҷамъ шуда, дар Мисфо ӯрду заданд.
18 Ва кавм, сарварони Ҷилъод, ба якдигар гуфтанд: «Он касе ки бар зидди банӣ‐Аммӯн ба ҷанг шурӯъ намояд, сардори ҳамаи сокинони Ҷилъод хоҳад буд».
11БОБИ ЁЗДАҲУМ
Йифтоҳ — довари нӯҳум.
1 Ва Йифтоҳи ҷилъодӣ баҳодури ҷасуре буд; ва ӯ писари зани зинокоре буд; ва Йифтоҳро Ҷилъод ба дуньё оварда буд.
2 Ва зани Ҷилъод писарон барои ӯ зоид; ва ҳангоме ки писарони занаш калон шуданд, Йифтоҳро бадар ронда, ба ӯ гуфтанд: «Ту дар хонаи падари мо мерос нахоҳӣ гирифт, зеро ки ту писари зани дигаре ҳастӣ».
3 Ва Йифтоҳ аз пеши бародаронаш гурехта, дар замини Туб маскан гирифт; ва мардуми бенаво назди Йифтоҳ ҷамъ шуда, бо ӯ тохтутоз мекарданд.
4 Ва пас аз муддате чунин воқеъ шуд, ки банӣ‐Аммӯн ба Исроил ҷанг карданд.
5 Ва ҳангоме ки банӣ‐Аммӯн бо Исроил ҷанг мекарданд, пирони Ҷилъод рафтанд, то ки Йифтоҳро аз замини Туб даъват намоянд.
6 Ва ба Йифтоҳ гуфтанд: «Биё ва саркардаи мо бош, то ки бо банӣ‐Аммӯн ҷанг кунем».
7 Ва Йифтоҳ ба пирони Ҷилъод гуфт: «Шумо, охир, аз ман нафрат доштед, ва маро аз хонаи падарам бадар рондед; ва чаро акнун, дар вақти тангии худ, назди ман омадаед?»
8 Ва пирони Ҷилъод ба Йифтоҳ гуфтанд: «Аз он сабаб акнун назди ту баргаштаем, ки ту бо мо рафта, ба муқобили банӣ‐Аммӯн ҷанг кунӣ, ва барои мо ва ҳамаи сокинони Ҷилъод пешво бошӣ».
9 Ва Йифтоҳ ба пирони Ҷилъод гуфт: «Агар шумо маро барои ҷангидан бар зидди банӣ‐Аммӯн баргардонед, ва Худованд онҳоро ба ман таслим намояд, пас ман пешвои шумо хоҳам буд».
10 Ва пирони Ҷилъод ба Йифтоҳ гуфтанд: «Худованд дар миёни мо шоҳид бошад, ки мо яқинан мувофиқи сухани ту амал хоҳем кард».
11 Ва Йифтоҳ бо пирони Ҷилъод равона шуд, ва қавм ӯро бар худ пешво ва саркарда таъин намуданд; ва Йифтоҳ ҳамаи суханонашро ба ҳузури Худованд дар Мисфо ба забон ронд.
12 Ва Йифтоҳ назди подшоҳи банӣ‐Аммӯн қосидон фиристода, гуфт: «Туро бо ман чӣ кор аст, ки назди ман омадаӣ, то ки бо замини ман ҷанг кунӣ?»
13 Ва подшоҳи банӣ‐Аммӯн ба қосидони Йифтоҳ гуфт: «Зеро ки исроилиён, вақте ки аз Миср берун омаданд, замини маро аз Арнӯн то Яббӯқ ва то Урдун гирифтанд; ва акнун онҳоро ба саломатӣ баргардон».
14 Ва Йифтоҳ бори дигар назди подшоҳи банӣ‐Аммӯн қосидон фиристод,
15 То ки ба ӯ бигӯянд: «Йифтоҳ чунин мегӯяд: исроилиён замини Мӯоб ва замини банӣ‐Аммӯнро нагирифтаанд;
16 Зеро исроилиён, вақте ки аз Миср берун омаданд, дар биёбон то баҳри Қулзум роҳ гашта, ба Қодеш расиданд;
17 Ва Исроил қосидон назди подшоҳи Адӯм фиристоданд, то бигӯянд: „Лутфан, мо аз замини ту бигзарем“, вале подшоҳи Адӯм гӯш накард; ва назди подшоҳи Мӯоб фиристоданд, ва ӯ розӣ нашуд; ва Исроил дар Қодеш монданд.
18 Ва дар биёбон роҳ гашта, замини Адӯм ва замини Мӯобро давр заданд, ва ба ҷониби шарқии замини Мӯоб расида, дар он тарафи Арнӯн ӯрду заданд; вале ба ҳудуди Мӯоб надаромаданд, зеро ки Арнӯн ҳудуди Мӯоб аст.
19 Ва Исроил қосидон назди Сиҳӯн подшоҳи амӯриён, подшоҳи Ҳешбӯн фиристоданд, ва Исроил ба вай гуфтанд: „Лутфан, мо аз замини ту ба макони худ бигзарем“.
20 Вале Сиҳӯн ба Исроил эътимод накард, ки аз ҳудуди вай бигзаранд; ва Сиҳӯн тамоми қавми худро ҷамъ овард, ва онҳо дар Яҳас ӯрду заданд; ва ӯ бо Исроил ҳарбу зарб намуд.
21 Ва Худованд Худои Исроил Сиҳӯн ва тамоми қавми варо ба дасти Исроил супурд, ва ба онҳо шикаст расониданд; ва Исроил тамоми замини амӯриёнро, ки дар он замин сокин буданд, тасарруф карданд.
22 Ва тамоми ҳудуди амӯриёнро аз Арнӯн то Яббӯқ, ва аз биёбон то Урдун тасарруф карданд.
23 Ва алҳол Худованд Худои Исроил амӯриёнро аз пеши қавми Худ Исроил бадар рондааст, ва ту мехоҳӣ он заминро тасарруф намоӣ?
24 Ту, охир, он чиро, ки худоят Камуш барои тасарруфи ту додааст, тасарруф намо; вале ҳар киро, ки Худованд Худои мо аз пеши мо бадар рондааст, замини варо мо тасарруф хоҳем кард.
25 Ва алҳол оё ту аз Болоқ ибни Сиффӯр, подшоҳи Мӯоб, беҳтар ҳастӣ? Оё вай бо Исроил низоъ намуд, ё бо онҳо ҷанг кард?
26 Дар сурате ки Исроил дар Ҳешбӯн ва деҳоташ, ва дар Аръӯр ва деҳоташ, ва дар ҳамаи шаҳрҳои атрофи Арнӯн сесад сол боз сукунат дорад, чаро дар ни муддат онҳоро кашида нагирифтаед?
27 Ман пеши ту гуноҳе накардаам, вале ту ба ман бадӣ карда, бо ҷанг ба сари ман омадаӣ; пас бигзор Худованди Довар имрӯз дар миёни банӣ‐Исроил ва банӣ‐Аммӯн доварӣ намояд!»
28 Валекин подшоҳи банӣ‐Аммӯн ба суханони Йифтоҳ, ки назди ӯ фиристода буд, гӯш накард.
29 Ва Рӯҳи Худованд бар Йифтоҳ буд, ва ӯ аз Ҷилъод ва Менашше гузашт, ва аз Мисфои Ҷилъод гузашт, ва аз Мисфои Ҷилъод ба ҳудуди банӣ‐Аммӯн гузашт.
Қасами фалокатовари Йифтоҳ.
30 Ва Йифтоҳ барои Худованд назр карда, гуфт: «Агар Ту банӣ‐Аммӯнро ба дасти ман таслим намоӣ,
31 Он гоҳ бигзор чунин шавад: ҳангоме ки аз банӣ‐Аммӯн ба саломатӣ баргардам, ҳар кӣ аз дари хонаи ман ба пешвози ман берун ояд, бигзор аз они Худованд бошад, ва ман варо ҳамчун қурбонии сӯхтанӣ хоҳам овард».
32 Ва Йифтоҳ ба ҳудуди банӣ‐Аммӯн гузашт, то ки бо онҳо ҷанг кунад; ва Худованд онҳоро ба дасти ӯ супурд.
33 Ва ӯ ба онҳо аз Арӯэр то даромадгоҳи Минит, ки бист шаҳр воқеъ буд, ва то Обил‐Каромим шикасти бағоят бузурге расонид; ва банӣ‐Аммӯн пеши банӣ‐Исроил сар фуроварданд.
34 Ва Йифтоҳ ба Мисфо ба хонаи худ омад, ва инак, духтараш ба пешвози ӯ бо дойра ва рақс берун омад; вай фарзанди ягонаи ӯ буд; ғайр аз вай ӯ писаре ё духтаре надошт.
35 Ва ҳамин ки ӯ варо дид, либоси худро дарронида, гуфт: «Оҳ, духтарам! Ту маро дар залолат андохтӣ ва яке аз ғамоварони ман гаштӣ: ман даҳони худро ба ҳузури Худованд кушодаам, ва наметавонам баргардам».
36 Вай ба ӯ гуфт: «Эй падарам! Ту даҳони худро ба ҳузури Худованд кушодаӣ, пас чунон ки аз даҳонат берун омадааст, бо ман амал намо, дар сурате ки Худованд барои ту аз душманонат, аз банӣ‐Аммӯн интиқом гирифтааст».
37 Ва ба падари худ гуфт: «Фақат барои ман чунин бикун: ду моҳ маро ба ҳолам вогузор, то ки ба кӯҳҳо фурӯд омада, барои бакорати худ бо дугонаҳоям навҳа кунам».
38 Ва ӯ гуфт: «Бирав». Ва ба мӯҳлати ду моҳ варо фиристод. Вай бо дугонаҳояш рафта, бар кӯҳҳо барои бакорати худ навҳа кард.
39 Ва чунин воқеъ шуд, ки баъд аз гузаштани ду моҳ вай назди падари худ баргашт, ва ӯ назреро, ки дода буд, бар вай ба амал овард; ва вай рӯи мардро надид; ва дар Исроил чунин таомул шуд,
40 Ки духтарони Исроил сол ба сол мерафтанд, то ки барои духтари Йифтоҳи ҷилъодӣ соле чор рӯз навҳагарӣ кунанд.
12БОБИ ДУВОЗДАҲУМ
Мубориза бо эфроимиён. Ибсон — довари даҳум.
1 Ва аҳли Эфроим ҷамъ шуда, ба тарафи шимол гузаштанд ва ба Йифтоҳ гуфтанд: «Чаро барои ҷангидан бо банӣ‐Аммӯн рафтӣ, вале моро нахондӣ, то ки ҳамроҳи ту биравем? Мо хонаи туро оташ дода, бар сари ту хоҳем сӯзонид».
2 Вале Йифтоҳ ба онҳо гуфт: «Ман ва қавми ман бо банӣ‐Аммӯн низои сахте доштем; ва ман шуморо хондам, вале маро аз дасти онҳо наҷот надодед.
3 Ва чун дидам, ки наҷот намедиҳӣ, ҷони худро ба кафи даст гирифта, ба ҳудуди банӣ‐Аммӯн гузаштам, ва Худованд онҳоро ба дасти ман супурд; пас чаро шумо имрӯз назди ман баромадаед, то ки бо ман ҷанг кунед?»
4 Ва Йифтоҳ тамоми мардуми Ҷилъодро ҷамъ оварда, бо Эфроим ҷанг кард; ва мардуми Ҷилъод ба эфроимиён зарба расониданд, чунки гуфта буданд: «Эй аҳли Ҷилъод, шумо гурезаҳои Эфроим андаруни Эфроим ва андаруни Менашше ҳастед».
5 Ва аҳли Ҷилъод маъбарҳои Урдунро аз Эфроим гирифтанд, ва ҳангоме ки касе аз гурезаҳои Эфроим мегуфт: «Бимон, ки бигзарам», мардуми Ҷилъод ба вай мегуфтанд: «Оё ту эфроимӣ ҳастӣ?» Вай мегуфт: «Не».
6 Онҳо ба вай мегуфтанд: «Бигӯй: „Шиббӯлет“», вале вай мегуфт: «Сиббӯлет», ва наметавонист дуруст талаффуз намояд; ва онҳо варо дастгир карда, назди маъбарҳои Урдун мекуштанд; ва дар он вақт чилу ду ҳазор нафар эфроимиён кушта шуданд.
7 Ва Йифтоҳ бар Исроил шаш сол доварӣ намуд; ва Йифтоҳи ҷилъодӣ вафот ёфта, дар яке аз шаҳрҳои Ҷилъод дафн карда шуд.
8 Ва баъд аз ӯ Ибсони байтлаҳмӣ бар Исроил доварӣ намуд.
9 Ва ӯ сӣ писар дошт, ва сӣ духтарашро берун бароварда, аз берун барои писаронаш сӣ духтар гирифта буд; ва ӯ ҳафт сол бар Исроил доварӣ намуд.
10 Ва Ибсон вафот ёфта, дар Байт‐Лаҳм дафн карда шуд.
Элӯн — довари ёздаҳум.
11 Ва баъд аз ӯ Элӯни забулунӣ бар Исроил доварӣ намуд; ва ӯ даҳ сол бар Исроил доварӣ намуд.
12 Ва Элӯни забулунӣ вафот ёфта, дар Аёлӯн, ки дар замини Забулун аст, дафн карда шуд.
Абдӯн — довари дувоздаҳум.
13 Ва баъд аз ӯ Абдӯн ибни Ҳиллели фиръотӯнӣ бар Исроил доварӣ намуд.
14 Ва ӯ чил писар ва сӣ набера дошт, ки бар ҳафтод харкурра савор мешуданд; ва ӯ ҳашт сол бар Исроил доварӣ намуд.
15 Ва Абдӯн ибни Ҳиллели фиръотӯнӣ вафот ёфта, дар Фиръотӯн, ки дар замини Эфроим бар кӯҳи Амолеқ аст, дафн карда шуд.
13БОБИ СЕЗДАҲУМ
Бори ҳафтум аз Худо дур шуданд.
Падару модари Шимшӯн.
1 Ва банӣ‐Исроил аз нав он чи дар назари Худованд бад буд, ба амал оварданд; ва Худованд онҳоро чил сол ба дасти фалиштиён супурд.
2 Ва шахсе аз Соръо, аз қабилаи Дон буд, ки Монӯаҳ ном дошт, ва занаш безуриёт буда, намезоид.
3 Ва фариштаи Худованд ба он зан зоҳир шуда, гуфт: «Инак, ту безуриёт ҳастӣ ва намезоӣ; вале ҳомила шуда, писаре хоҳӣ зоид.
4 Ва алҳол барҳазар бош, ва май ва арақ нанӯш, ва ҳеҷ чизи палид нахӯр.
5 Зеро инак, ту ҳомила шуда, писаре хоҳӣ зоид, ва поку ба сараш нахоҳад расид, зеро ки он кӯдак аз батни модар барои Худо мумтоз хоҳад буд; ва ӯ ба наҷот додани Исроил аз дасти фалиштиён шурӯъ хоҳад намуд».
6 Ва он зан омада, ба шавҳари худ гуфт: «Марди Худо назди ман омад, ва намудаш мисли намуди фариштаи Худо бағоят саҳмгин буд; ва ман аз ӯ напурсидам, ки ӯ аз куҷост, ва ӯ номи худро ба ман нагуфт.
7 Ва ӯ ба ман гуфт: „Инак, ту ҳомила шуда, писаре хоҳӣ зоид; ва алҳол май ва арақ нанӯш, ва ҳеҷ чизи палид нахӯр, зеро ки он кӯдак аз батни модар то рӯзи мамоташ барои Худо мумтоз хоҳад буд“».
8 Ва Монӯаҳ пеши Худованд зорию илтиҷо карда, гуфт: «Лутфан, эй Худованд! Бигзор он марди Худо, ки фиристодӣ, бори дигар назди мо омада, моро таълим диҳад, ки бо кӯдаке ки бояд таваллуд ёбад, чӣ гуна рафтор намоем».
9 Ва Худо овози Монӯаҳро шунид, ва фариштаи Худо боз назди зан омад, дар сурате ки вай дар саҳро нишаста буд, вале шавҳараш Монӯаҳ бо вай набуд.
10 Ва зан зуд давида, ба шавҳараш хабар дод, ва ба ӯ гуфт: «Инак, бар ман он мард зоҳир шуд, ки он рӯз назди ман омада буд».
11 Ва Монӯаҳ бархоста, аз ақиби занаш равона шуд, ва назди он мард омада, ба вай гуфт: «Оё ту ҳамон мард ҳастӣ, ки бо ин зан сухан рондӣ?» Гуфт: «Ман ҳастам».
12 Ва Монӯаҳ гуфт: «Пас, вақте ки суханонат ба амал ояд, тарбияти он кӯдак чӣ гуна хоҳад буд, ва бо ӯ чӣ бояд кард?»
13 Ва фариштаи Худованд ба Монӯаҳ гуфт: «Бигзор аз ҳар чи ба зан гуфтаам, хазар намояд.
14 Бигзор ҳар чиро, ки аз токи ангур ҳосил мешавад, нахӯрад, ва май ва арақ нанӯшад, ва ҳеҷ чизи палид нахӯрад; ҳар чиро, ки ба вай амр фармудаам, риоя намояд».
15 Ва Монӯаҳ ба фариштаи Худованд гуфт: «Лутфан, туро мо каме нигоҳ дорем, то ки барои ту бузғолае тайёр кунем».
16 Вале фариштаи Худованд ба Монӯаҳ гуфт: «Ҳарчанд маро нигоҳ дорӣ, аз нони ту нахоҳам хӯрд; ва агар бихоҳӣ қурбонии сӯхтанӣ оварӣ, онро барои Худованд биёр». Зеро Монӯаҳ намедонист, ки вай фариштаи Худованд аст.
17 Ва Монӯаҳ ба фариштаи Худованд гуфт: «Номи ту чист? Вақте ки суханат ба амал ояд, туро иззату икром намоем».
18 Ва фариштаи Худованд ба ӯ гуфт: «Чаро номи маро мепурсӣ? Он муаммост».
19 Ва Монӯаҳ бузғола ва ҳадияи ордиро гирифта, бар сахра барои Худованд қурбонӣ овард, ва инак, фаришта кори аҷоибе кард, ва Монӯаҳ ва занаш медиданд.
20 Ва ҳангоме ки аланга аз қурбонгоҳ сӯи осмон баромад, фариштаи Худованд дар он алангаи қурбонгоҳ сууд намуд; ва Монӯаҳ ва занаш инро дида, рӯй ба замин афтоданд.
21 Ва фариштаи Худованд ба Монӯаҳ ва занаш дигар аён нашуд; он гоҳ Монӯаҳ донист, ки вай фариштаи Худованд будааст.
22 Ва Монӯаҳ ба занаш гуфт: «Мо яқинан хоҳем мурд, зеро ки Худоро дидем».
23 Вале занаш ба ӯ гуфт: «Агар Худованд мехост моро бикушад, қурбонии сӯхтанӣ ва ҳадияи ордиро аз дасти мо қабул намекард, ва ҳамаи ин чизҳоро ба мо нишон намедод; ва дар ин вақт чунин хабарро ба самъи мо намерасонид».
Таваллуд ёфтани Шимшӯн.
24 Ва он зан писаре зоид, ва ӯро Шимшӯн ном ниҳод; ва кӯдак калон мешуд, ва Худованд ӯро баракат медод.
25 Ва Рӯҳи Худованд ба таҳрик додани ӯ дар ӯрдугоҳи Дон, дар миёни Соръо ва Эштоӯл шурӯъ намуд.
14БОБИ ЧОРДАҲУМ
Шимшӯн — довари сездаҳум.
1 Ва Шимшӯн ба Тимно фурӯд омад; ва дар Тимно занеро аз духтарони фалиштиён дид.
2 Ва омада, ба падару модари худ хабар дод ва гуфт: «Дар Тимно занеро аз духтарони фалиштиён дидам; ва акнун варо барои ман ба занӣ бигиред».
3 Ва падару модараш ба ӯ гуфтанд: «Магар дар миёни духтарони бародаронат ва дар тамоми қавми мо зане нест, ки ту мехоҳӣ рафта, аз фалиштиёни номахтун зан бигирӣ?» Вале Шимшӯн ба падари худ гуфт: «Варо барои ман бигир, зеро ки вай дар чашми ман писанд омад».
4 Валекин падару модараш намедонистанд, ки ин аз ҷониби Худованд аст, зеро ки Ӯ мехост баҳонае бар фалиштиён биҷӯяд; ва дар он вақт фалиштиён бар Исроил ҳукмрон буданд.
5 Ва Шимшӯн бо падару модари худ ба Тимно фурӯд омад; ва ҳангоме ки ба токзори Тимно расиданд, инак, шери ҷавоне ба пешвози ӯ наъра зад.
6 Ва Рӯҳи Худованд бар ӯ нозил шуда, онро дупора кард, чунон ки бузғоларо дупора мекунанд, агарчи дар дасташ чизе набуд; ва ба падару модараш он чиро, ки карда буд, хабар надод.
7 Ва фурӯд омада, бо он зан гуфтугӯ кард, ва вай дар чашми ӯ писанд омад.
8 Ва баъд аз муддате, вақте ки ӯ барои гирифтани вай бармегашт, аз роҳ ба каноре рафт, то лошаи шерро бубинад; ва инак, дар лошаи шер тӯдаи занбӯрҳо ва асал буд.
9 Ва онро ба кафҳои дасташ гирифта, равона шуд ва дар роҳ мехӯрд; ва чун ба падару модараш расид, ба онҳо низ дод, ва онҳо хӯрданд; вале ба онҳо нагуфт, ки асалро аз лошаи шер гирифтааст.
10 Ва падараш назди он зан фурӯд омад; ва Шимшӯн дар он ҷо базм кард, зеро ки расму одати ҷавонон чунин буд.
11 Ва чун ӯро диданд, сӣ нафар ёронро баргузиданд, то ки бо ӯ бошанд.
12 Ва Шимшӯн ба онҳо гуфт: «Муаммое барои шумо мегӯям; агар шумо онро барои ман дар ҳафт рӯзи базм ҳал намоед ва ҳалли дурусташро биёбед, ман ба шумо сӣ яктаки катон ва сӣ даста либос хоҳам дод;
13 Вале агар онро барои ман натавонед ҳал намоед, шумо бояд сӣ ҷомаи катон ва сӣ даста либос ба ман бидиҳед». Ба ӯ гуфтанд: «Муаммои худро бигӯй, то ки онро бишнавем».
14 Ва ӯ ба онҳо гуфт:
«Аз хӯранда хӯрок берун омад,
ва аз зӯровар ширинӣ берун омад».
Ва онҳо дар се рӯз натавонистанд муамморо ҳал кунанд.
15 Ва чунин воқеъ шуд, ки дар рӯзи ҳафтум онҳо ба зани Шимшӯн гуфтанд: «Шавҳаратро розӣ намо, то ки ҳалли муамморо ба мо бигӯяд, мабодо туро ва хонаи падаратро оташ дода, бисӯзонем: магар моро барои он таклиф намудаед, ки моро тороҷ кунед?»
16 Ва зани Шимшӯн пеши ӯ гирья карда, гуфт: «Яқин аст, ки ту аз ман нафрат дорӣ ва маро дӯст намедорӣ; ба писарони қавми ман муаммое гуфтаӣ, вале ҳалли онро ба ман маълум накардаӣ». Ва ӯ ба вай гуфт: «Инак, ба падару модари худ онро маълум накардаам, оё ба ту маълум кунам?»
17 Ва ҳафт рӯзе ки базми онҳо давом мекард, вай пеши ӯ мегирист; ва дар рӯзи ҳафтум ӯ ба вай маълум кард, зеро ки вай бо чақиданаш ӯро аз ҷон безор сохт; ва баъд аз ин вай ҳалли муамморо ба писарони қавми худ маълум кард.
18 Ва дар рӯзи ҳафтум, пеш аз ғуруби офтоб, мардуми он шаҳр ба ӯ гуфтанд:
«Чист ширинтар аз асал,
ва чист зӯровартар аз шер?»
Ва ӯ ба онҳо гуфт:
«Агар бо ғуноҷини ман шудгор намекардед,
ҳалли муаммои маро намеёфтед».
Шимшӯн дар Ашқалӯн.
19 Ва Рӯҳи Худованд ба ӯ нозил шуда, ӯ ба Ашқалӯн фурӯд омад, ва аз онҳо сӣ нафарро кушта, либосашонро кашида гирифт, ва дастаҳои либосро ба онҳое ки муамморо ҳал карда буданд, дод. Ва хашмаш аланга гирифта, ӯ ба хонаи падари худ баргашт.
20 Ва зани Шимшӯн ба рафиқе ки ёри ӯ шуда буд, расид.
15БОБИ ПОНЗДАҲУМ
Шимшӯн аз фалиштиён интиқом мегирад; хосилоташонро ба воситаи рӯбоҳон несту нобуд мекунад.
1 Ва баъд аз муддате, дар айёми дарави гандум, чунин воқеъ шуд, ки Шимшӯн барои дидани зани худ бо бузғолае омад ва гуфт: «Назди зани худ ба хонаи хоби вай медароям». Вале падари вай ӯро намонд, ки дарояд.
2 Ва падари вай гуфт: «Ман гумон кардам, ки ту аз вай нафрат дорӣ, бинобар ин варо ба ёри ту додам; инак, хоҳари вай, ки аз вай хушрӯйтар аст, бигзор барои ту дар ивази вай бошад».
3 Вале Шимшӯн ба онҳо гуфт: «Ман акнун пеши фалиштиён аз гуноҳ фориғ хоҳам буд, агар ба онҳо бадӣ бикунам».
4 Ва Шимшӯн рафта, сесадто рӯбоҳ қапид; ва машъалҳо гирифт, ва думро бо дум баста, якто машъалро дар миёнаи ҳар ду дум гузошт.
5 Ва машъалҳоро даргиронида, ба киштзорҳои фалиштиён фиристод; ва аз хирман сар карда, то ҳосили даравнашуда ва то боғҳои зайтун сӯзонид.
6 Ва фалиштиён гуфтанд: «Кист, ки ин корро кардааст?» Ва гуфтанд: «Шимшӯн, домоди он сокини Тимно, ки зани ӯро гирифта, ба ёри ӯ дода буд». Ва фалиштиён омада, он занро бо якҷоягии падараш ба оташ сӯзониданд.
7 Ва Шимшӯн ба онҳо гуфт: «Модоме ки шумо чунин амал кардед, яқинан аз шумо интиқом хоҳам гирифт, ва баъд аз он ором хоҳам шуд».
8 Ва ба онҳо сар то по зарбаи сахт расонид, бисьёреро кушт, ва рафта, дар ғори сахраи Этом сокин шуд.
9 Ва фалиштиён баромада, дар Яҳудо ӯрду заданд ва дар Леҳӣ ҷойгир шуданд.
10 Ва мардуми Яҳудо гуфтанд: «Барои чӣ бар зидди мо баромадаед?» Дар ҷавоб гуфтанд: «Барои он ки Шимшӯнро бибандем, ва чунон ки ӯ ба мо амал кард, ончунон ба ӯ амал кунем».
11 Ва се ҳазор нафар аз мардуми Яҳудо сӯи ғори сахраи Этом рафта, ба Шимшӯн гуфтанд: «Ту, охир, медонӣ, ки фалиштиён бар мо ҳукмрон мебошанд; пас, ин чӣ кор аст, ки ту ба мо кардӣ?» Ба онҳо гуфт: «Чунон ки онҳо ба ман амал карданд, ончунон ман ба онҳо амал кардам».
12 Ба ӯ гуфтанд: «Мо фурӯд омадаем, то ки туро баста, ба дасти фалиштиён бисупорем». Шимшӯн ба онҳо гуфт: «Ба ман қасам ёд кунед, ки худатон ба ман осебе нахоҳед расонид».
13 Онҳо ба ӯ гуфтанд: «Не, мо туро фақат баста, ба дасти онҳо хоҳем супурд, вале ба ҳеҷ ваҷҳ туро нахоҳем кушт». Ва ӯро бо ду таноби нав баста, аз сахра бароварданд.
Шимшӯн ҳазор нафарро аз душманон мекушад.
14 Вақте ки ӯ ба Леҳӣ расид, фалиштиён ба пешвози ӯ ғавғо бардоштанд. Ва Рӯҳи Худованд бар ӯ нозил шуда, танобҳое ки бар бозуҳояш буд, мисли нахҳои катон, ки дар оташ сӯхта бошад, канда гардид, ва бандҳо аз дастҳояш фуромад.
15 Ва ӯ ҷоғи хари навмурдаро ёфт, ва дасти худро дароз карда, онро гирифт, ва ҳазор нафарро бо он зада, кушт.
16 Ва Шимшӯн гуфт:
«Аз ҷоғи хар тӯда‐тӯда фурӯ ғалтиданд:
бо ҷоғи хар ҳазор нафарро зада куштам».
17 Ва ин суханро гуфта, ҷоғро аз дасти худ партофт, ва он маконро Ромат‐Леҳӣ номид.
18 Ва бағоят ташна монд, ва сӯи Худованд хонда, гуфт: «Ту ба дасти бандаи Худ ин наҷоти бузургро додӣ; ва алҳол ман аз ташнагӣ мемирам ва ба дасти номахтунон меафтам».
19 Ва Худо чуқуриеро, ки дар Леҳӣ буд, рахна кард, ва об аз он ҷорӣ шуд, ва ӯ нӯшида, ба худ омад, ва ҷон гирифт; бинобар ин номаш Эйн‐Ҳақӯре хонда шуд, ки он то имрӯз дар Леҳӣ воқеъ аст.
20 Ва ӯ бар Исроил дар айёми фалиштиён бист сол доварӣ намуд.
16БОБИ ШОНЗДАҲУМ
Шимшӯн дар Ғазза.
1 Ва Шимшӯн ба Ғазза рафт; ва дар он ҷо зани зинокореро дида, назди вай даромад.
2 Ба аҳли Ғазза хабар расид, ки Шимшӯн ба ин ҷо омадааст. Ва тамоми шаб давр зада гаштанд ва назди дарвозаи шаҳр ба муқобили ӯ камин гирифтанд, ва тамоми шаб хомӯшона рафтор намуда, мегуфтанд: «То субҳидам мунтазир истода, ӯро мекушем».
3 Вале Шимшӯн то нисфи шаб хобид, ва нисфи шаб бархост, ва табақаҳои дарвозаи шаҳр ва ду паҳлудариро гирифта, бо якҷоягии ғалақа барканд, ва бар китфи худ гузошта, бар куллаи кӯҳе ки дар рӯ ба рӯи Ҳебрӯн аст, баровард.
Шимшӯн ва Далило.
4 Ва баъд аз он чунин воқеъ шуд, ки ӯ занеро дар водии наҳри Шӯреқ дӯст дошт, ва номи вай Далило буд.
5 Ва сарварони фалиштиён назди вай омада, гуфтанд: «Ӯро фирефта намуда, бифаҳм, ки қуввати бузургаш дар чист, ва чӣ гуна мо бар ӯ метавонем ғолиб оем, то ки ӯро баста, мутеъ намоем; ва ҳар яке аз мо ба ту ҳазору сад сиқл нуқра хоҳем дод».
6 Ва Далило ба Шимшӯн гуфт: «Лутфан, ба ман бигӯй, ки қуввати бузурги ту дар чист, ва чӣ гуна туро баста, мутеъ кардан мумкин аст?»
7 Шимшӯн ба вай гуфт: «Агар маро бо ҳафт зеҳи тар, ки хушк нашуда бошад, бибанданд, ман суст шуда, мисли ҳар каси дигар хоҳам гардид».
8 Ва сарварони фалиштиён ҳафт зеҳи тар, ки хушк нашуда буд, ба вай оварданд, ва ӯро вай бо онҳо баст.
9 Ва каминварон дар ҳуҷраи вай нишаста буданд, ва Далило ба ӯ гуфт: «Фалиштиён бар ту омаданд, эй Шимшӯн!» Ва ӯ зеҳҳоро барканд, чунон ки риштаи катон канда мешавад, ҳамин ки бӯи оташ ба он бирасад. Ва манбаи қуввати ӯ ошкор нашуд.
10 Ва Далило ба Шимшӯн гуфт: «Инак, ту маро тамасхур карда, суханони дурӯғ гуфтӣ; акнун, лутфан, ба ман бигӯй, ки туро бо чӣ бастан мумкин аст?»
11 Ӯ ба вай гуфт: «Агар маро бо танобҳои нав, ки ҳеҷ истеъмол нашуда бошад, бибанданд, ман суст шуда, мисли ҳар каси дигар хоҳам гардид».
12 Ва Далило танобҳои нав гирифта, ӯро бо онҳо баст, ва ба ӯ гуфт: «Фалиштиён бар ту омаданд, эй Шимшӯн!» Ва каминварон дар ҳуҷраи вай нишаста буданд. Ва ӯ танобҳоро аз бозуҳои худ мисли риштае барканд.
13 Ва Далило ба Шимшӯн гуфт: «То ҳол ту маро тамасхур карда, ба ман суханони дурӯғ гуфтӣ; ба ман бигӯй, ки туро бо чӣ бастан мумкин аст?» Ва ӯ ба вай гуфт: «Агар ҳафт гесуи сари маро бо дастгоҳи бофандагӣ бибофӣ».
14 Вай онҳоро ба моку маҳкам баст, ва ба ӯ гуфт: «Фалиштиён бар ту омаданд, эй Шимшӯн!» Ва ӯ аз хоби худ бедор шуда, моку ва дастгоҳи бофандагиро барканд.
15 Вай ба ӯ гуфт: «Чӣ гуна ту мегӯӣ: „Ман туро дӯст медорам“, ва ҳол он ки дили ту бо ман нест? Инак, се дафъа ту маро тамасхур кардӣ ва ба ман маълум нанамудӣ, ки қуввати бузурги ту дар чист».
16 Ва азбаски вай ӯро ҳар рӯз бо суханони худ фишор дода, зиқ мекард, ӯ аз ҷони худ безор шуд,
17 Ва ҳар чиро, ки дар дил дошт, ба вай ошкор карда, гуфт: «Поку ба сари ман нарасидааст, зеро ки ман аз батни модари худ барои Худо мумтоз ҳастам; агар мӯйсарам тарошида шавад, қувватам аз ман дур хоҳад шуд, ва ман суст шуда, мисли ҳар каси дигар хоҳам гардид».
18 Ва Далило дид, ки ӯ ҳар чиро, ки дар дилаш буд, ба вай маълум кард, барои хондани сарварони фалиштиён кас фиристода, гуфт: «Ҳамин дафъа биёед, ки ӯ ҳар чиро, ки дар дил дошт, ба ман маълум кард». Ва сарварони фалиштиён назди вай омаданд, ва нуқраро ба дасти худ оварданд.
19 Ва ӯро вай бар зонуҳои худ хобонид, ва касеро хонд, ва ҳафт гесуи сари ӯро тарошонид, ва ба шиканҷа кардани ӯ шурӯъ намуд, ва қувваташ аз ӯ дур шуд.
20 Ва гуфт: «Фалиштиён бар ту омаданд, эй Шимшӯн!» Ва ӯ аз хобаш бедор шуда, дар дили худ гуфт: «Мисли пештара берун рафта, ба худ меоям». Вале ӯ надонист, ки Худованд аз ӯ дур шудааст.
21 Ва фалиштиён ӯро дастгир карда, чашмонашро канданд, ва ӯро ба Ғазза оварда, бо занҷири дуқабатаи мисин бастанд, ва ӯ дар зиндон дастос мекард.
22 Ва мӯйсараш, ки тарошида шуда буд, аз нав баромадан гирифт.
Мамоти Шимшӯн.
23 Ва сарварони фалиштиён ҷамъ шуданд, то ки барои худои худ Доҷӯн қурбонии бузурге оварда, димоғчоқӣ кунанд, ва гуфтанд:
«Худои мо душмани мо Шимшӯнро ба дасти мо таслим намуд».
24 Ва чун қавм ӯро диданд, худои худро мадҳ карданд, зеро ки гуфтанд:
«Худои мо душмани моро, ки харобкунандаи замини мо буда,
бисьёреро аз мо куштааст,
ба дасти мо таслим намуд».
25 Ва чун димоғашон чоқ шуд, гуфтанд: «Шимшӯнро бихонед, то ки бозӣ карда, моро дилхуш гардонад». Ва Шимшӯнро аз зиндон оварданд, ва ӯ онҳоро дилхуш гардонид, ва ӯро дар миёни ду сутун гузоштанд.
26 Ва Шимшӯн ба амраде ки дасти ӯро нигоҳ медошт, гуфт: «Маро вогузор, то сутунҳоеро, ки хона бар онҳо қоим аст, ламс намоям ва бар онҳо такья кунам».
27 Ва хона аз мардон ва занон пур буд, ва ҳамаи сарварони фалиштиён дар он ҷо буданд; ва бар боми он тақрибан се ҳазор мард ва зан буданд, ки бозии Шимшӯнро тамошо мекарданд.
28 Ва Шимшӯн сӯи Худованд хонда, гуфт: «Худоё Худовандо! Лутфан, маро ба ёд овар ва фақат ҳамин дафъа тақвият намо, эй Худо, то ки ман якбора барои ду чашми худ аз фалиштиён интиқом гирам».
29 Ва Шимшӯн ду сутуни миёнаро, ки хона бар онҳо қоим буд, — якеро бо дасти росташ ва дигареро бо дасти чапаш, — дар оғӯш гирифта, бар онҳо такья кард.
30 Ва Шимшӯн гуфт: «Бигзор ҷони ман бо фалиштиён бимирад!» Ва бо тамоми қувваташ фишор дод, ва хона бар сарварон ва бар тамоми қавме ки дар он буданд, фурӯ рафт; ва мурдагоне ки ӯ дар мамоти худ кушт, аз мурдагоне ки дар ҳаёти худ кушта буд, бештар буданд.
31 Ва бародарони ӯ ва тамоми хонадони падари ӯ фурӯд омаданд, ва ӯро бардошта бурданд, ва дар миёни Соръо ва Эштоӯл, дар мақбараи падараш Монӯаҳ дафн карданд. Ва ӯ бист сол бар Исроил доварӣ намуд.
17БОБИ ҲАФДАҲУМ
Исьёни авом ва аҳли дин.
1 Ва шахсе аз кӯҳи Эфроим буд, ки Михойҳу ном дошт.
2 Ва ӯ ба модари худ гуфт: «Ҳазору сад сиқл нуқрае ки аз ту рабуда шуд, ва дар бораи он ту лаънат хондӣ ва дар гӯшҳои ман низ гуфтӣ, — инак, он нуқра дар дасти ман аст: ман онро гирифта будам». Ва модараш гуфт: «Худованд писарамро баракат диҳад!»
3 Ва он ҳазору сад сиқл нуқраро ба модараш баргардонид. Ва модараш гуфт: «Ман ин нуқраро комилан ба Худованд аз дасти худ барои писарам вақф намудаам, то ки санами тарошидае ва бути рехтае бисозад; ва акнун онро ба ту бармегардонам».
4 Вале ӯ нуқраро ба модараш баргардонид. Ва модараш дусад сиқл нуқраро гирифта, ба заргар дод, ки вай санам ва бут сохт, ва онҳо дар хонаи Михойҳу буд.
5 Ва ин шахс, яъне Михо, хонае барои ибодати худо дошт; ва ӯ эфӯд ва трофим+ 17:5 Эфӯд ва трофим — ҳайкалҳои (бутҳои) майдаи аз нуқра, тилло ё моддаи дигар сохташуда, ки дар миёни бутпарастон чун асбоби фолбинӣ ё пешгӯӣ истеъмол мешуд. сохт, ва яке аз писарони худро баргумошт, то ки коҳини ӯ бошад.
6 Дар он айём подшоҳе дар Исроил набуд; ҳар кас он чи ба назараш писанд меомад, мекард.
7 Ва ҷавоне аз Байт‐Лаҳми Яҳудо буд, ки дар миёни қабилаи Яҳудо зиндагӣ мекард; вале ӯ левизода буда, дар он ҷо сукунат дошт.
8 Ва ин шахс аз шаҳр, аз Байт‐Лаҳми Яҳудо, равона шуд, то дар мавзее ки ба муддаои табъаш бошад, маскан гирад; ва ба кӯҳи Эфроим то хонаи Михо расид, то ки аз он ҷо сафарашро давом диҳад.
9 Ва Михо ба ӯ гуфт: «Аз куҷо омадаӣ?» Ва ӯ дар ҷавоб гуфт: «Ман левизодае аз Байт‐Лаҳми Яҳудо ҳастам, ва меравам, то дар мавзее ки ба муддаои табъам бошад, маскан гирам».
10 Ва Михо ба ӯ гуфт: «Назди ман маскан гир, ва бароям падар ва коҳин бош, ва ман ба ту ҳар сол даҳ сиқл нуқра, ва як даста либос ва ризқу рӯзӣ медиҳам». Ва левизода омад,
11 Ва левизода розӣ шуд, ки назди ин мард маскан гирад; ва он ҷавон назди вай мисли яке аз писаронаш буд.
12 Ва Михо левизодаро баргумошт, ва ҷавон коҳини ӯ шуд, ва дар хонаи Михо маскан гирифт.
13 Ва Михо гуфт: «Акнун донистам, ки Худованд ба ман эҳсон хоҳад кард, зеро ки левизода коҳини ман шудааст».
18БОБИ ҲАЖДАҲУМ
Сибти Дон бутпарастиро барқарор менамояд.
1 Дар он айём подшоҳе дар Исроил набуд; ва дар он айём сибти Дон барои худ мулке аз баҳри маскан гирифтан меҷустанд, зеро ки то он вақт ба онҳо мулке андаруни сибтҳои Исроил нарасида буд.
2 Ва банӣ‐Дон аз қабилаи худ, аз миёни тамоми ҷамоати худ, панҷ нафарро, ки мардони ҷангии далер буданд, аз Соръо ва Эштоӯл фиристоданд, то ки заминро ҷосусӣ ва тафтиш кунанд; ва ба онҳо гуфтанд: «Рафта, заминро тафтиш намоед!» Ва онҳо ба кӯҳи Эфроим то хонаи Михо расида, дар он ҷо шабро гузарониданд.
3 Ҳангоме ки онҳо назди хонаи Михо буданд, овози он ҷавони левизодаро шинохтанд, ва ба он ҷо дохил шуда, ба ӯ гуфтанд: «Кист, ки туро ба ин ҷо овардааст? Ва дар ин макон ту чӣ мекунӣ? Ва дар ин ҷо чӣ кор дорӣ?»
4 Ва ӯ ба онҳо гуфт: «Михо ба ман чунин ва чунин рафтор намуд, ва маро киро кард, ва ман коҳини ӯ шудаам».
5 Ва ба ӯ гуфтанд: «Лутфан, аз Худо бипурс, то бидонем, ки оё роҳи мо, ки ба он меравем, бомуваффақият хоҳад буд?»
6 Ва коҳин ба онҳо гуфт: «Ба саломатӣ биравед: роҳе ки шумо меравед, зери назари Худованд аст».
7 Ва он панҷ нафар рафта, ба Лаиш расиданд, ва қавмеро, ки дар он ҷо буданд, диданд, ки онҳо дар амният, бар тибқи русуми сидӯниёни ором ва бепарво умр ба сар мебурданд, ва дар ин замин ҳокиме набуд, ки осебе расонад, ва онҳо аз сидӯниён дур буда, бо касе коре надоштанд.
8 Ва назди бародарони худ ба Соръо ва Эштоӯл омаданд, ва бародаронашон ба онҳо гуфтанд: «Чӣ хабаре овардед?»
9 Ва онҳо гуфтанд: «Бархезем ва бар онҳо битозем, зеро замине дидем, ки бағоят хуб аст. Вале шумо хомӯш нишастаед? Танбалӣ накунед, балки рафта дохил шавед ва он заминро тасарруф намоед.
10 Чун биравед, назди қавми бепарвое хоҳед омад, ва он замин паҳновар аст, ва Худованд онро ба дасти шумо супурдааст, — чунон мавзеест, ки аз ҳеҷ чизи рӯи замин камӣ надорад».
11 Ва аз он ҷо аз қабилаи Дон, аз Соръо ва Эштоӯл, шашсад одами дорои асбоби ҷангӣ раҳсипор шуданд.
12 Ва баромада, дар Қирьят‐Еорим, дар Яҳудо ӯрду заданд; бинобар ин то имрӯз он маконро ӯрдугоҳи Дон меноманд; он дар ақиби Қирьят‐Еорим воқеъ аст.
13 Ва онҳо аз он ҷо ба кӯҳи Эфроим гузашта, ба хонаи Михо расиданд,
14 Ва он панҷ нафар, ки барои ҷосусӣ ба замини Лаиш рафта буданд, ба бародарони худ сухан ронда, гуфтанд: «Оё медонед, ки дар ин хонаҳо эфӯд ва трофим ва санам ва бут ҳаст? Ва акнун фаҳм намоед, ки чӣ кор бояд бикунед».
15 Ва ба он ҷо рафта, ба хонаи ҷавони левизода, яъне ба хонаи Михо даромаданд, ва аз ӯ аҳволпурсӣ карданд.
16 Ва он шашсад одам аз банӣ‐Дон, ки асбоби ҷангӣ доштанд, дар даҳани дарвоза истода буданд.
17 Ва он панҷ нафар, ки барои ҷосусии замин рафта буданд, баромада, ба он ҷо дохил шуданд, ва санам ва эфӯд ва трофим ва бутро гирифтанд, дар сурате ки коҳин бо он шашсад одами дорои асбоби ҷангӣ дар даҳани дарвоза истода буд.
18 Ва ҳангоме ки инҳо ба хонаи Михо дохил шуда, санам ва эфӯд ва трофим ва бутро гирифтанд, коҳин ба онҳо гуфт: «Чӣ мекунед?»
19 Онҳо ба ӯ гуфтанд: «Хомӯш шуда, дастатро бар даҳонат бимон, ва бо мо омада, барои мо падар ва коҳин бош. Кадомаш барои ту беҳтар аст: коҳини хонаи як шахс бошӣ, ё ки коҳини сибт ва қабилае дар Исроил бошӣ?»
20 Ва коҳин дилшод гардид, ва эфӯд ва трофим ва санамро гирифта, андаруни қавм дохил шуд.
21 Ва онҳо тоб хӯрда, раҳсипор шуданд; ва кӯдакон ва чорпоён ва бору будро пешопеши худ гузоштанд.
22 Вақте ки онҳо аз хонаи Михо дур шуданд, мардуме ки дар хонаҳои гирду пеши хонаи Михо буданд, ҷамъ шуда, банӣ‐Донро таъқиб карданд,
23 Ва банӣ‐Донро фарьёд карданд, ва инҳо рӯи худро гардонида, ба Михо гуфтанд: «Туро чӣ шудааст, ки инҳоро ҷамъ карда омадаӣ?»
24 Ва ӯ гуфт: «Худоёни маро, ки сохтаам, бо коҳин гирифта рафтаед. Барои ман боз чӣ чизе боқӣ мондааст? Пас, чӣ гуна ҷуръат намуда, мегӯед, ки „туро чӣ шудааст?“»
25 Ва банӣ‐Дон ба ӯ гуфтанд: «Овозатро дар миёни мо баланд накун, мабодо одамони тундмизоҷ бар шумо ҳуҷум оваранд, ва ту ҷони худ ва ҷони аҳли байти худро ба ҳалокат расонӣ».
26 Ва банӣ‐Дон ба роҳи худ рафтанд; ва чун Михо дид, ки онҳо аз ӯ пурзӯртаранд, тоб хӯрда, ба хонаи худ баргашт.
27 Ва онҳо он чиро, ки Михо сохта буд, ва коҳинеро, ки ӯ дошт, гирифта, бар Лаиш, бар зидди қавме ки ором ва бепарво буданд, тохтутоз карданд, ва онҳоро ба дами шамшер куштанд, ва шаҳрро оташ дода сӯзониданд.
28 Ва касе набуд, ки раҳоӣ диҳад, зеро ки он аз Сидӯн дур буд, ва онҳо ба касе робитае надоштанд, ва он дар водие ки назди Байт‐Реҳӯб аст, воқеъ буд. Ва шаҳрро бино карда, дар он маскан гирифтанд.
29 Ва шаҳрро ба номи падари худ Дон, ки барои Исроил таваллуд шуда буд, Дон номиданд; валекин номи шаҳр аввал Лаиш буд.
30 Ва банӣ‐Дон он санамро барои худ барқарор карданд; ва Ехӯнотон ибни Ҷершӯи ибни Менашше, худаш ва писаронаш, то рӯзи асир шудани аҳли ин замин коҳинони сибти Дон буданд.
31 Ва санами Михоро, ки сохта буд, дар тамоми айёме ки хонаи Худо дар Шилӯ буд, барои худ гузоштанд.
19БОБИ НУЗДАҲУМ
Воқеаи даҳшатангез дар Ҷабъа.
1 Ва дар он айёме ки подшоҳе дар Исроил набуд, марди левизодае дар ақсои кӯҳи Эфроим сукунат дошт, ва зани суррияе аз Байт‐Лаҳми Яҳудо барои худ гирифта буд.
2 Ва суррияи ӯ аз ӯ қаҳр карда, аз пеши ӯ ба хонаи падари худ, ба Байт‐Лаҳми Яҳудо рафт, ва дар он ҷо чор моҳ бимонд.
3 Ва шавҳараш бархоста, аз пушти вай рафт, то ки дили варо ёфта, варо назди худ баргардонад; ва навкараш ва як ҷуфт хараш ҳамроҳи ӯ буд. Вай ӯро ба хонаи падари худ овард, ва падари занак ӯро дида, бо хурсандӣ ӯро пешвоз гирифт.
4 Ва падарарӯсаш, яъне падари занак, ӯро нигоҳ дошт, ва ӯ се рӯз назди вай истод; ва хӯрданд ва нӯшиданд ва дар он ҷо шабро гузарониданд.
5 Ва дар рӯзи чорум онҳо бомдодон бармаҳал бедор шуданд, ва ӯ бархост, то ки равона шавад; ва падари занак ба домодаш гуфт: «Дили худро бо луқмаи нон боқувват намо, ва баъд равона шавед».
6 Ва ҳар ду нишаста, якҷоя хӯрок хӯрданд ва нӯшиданд; ва падари занак ба он мард гуфт: «Лутфан, имшаб дар ҳамин ҷо бимон, то дилат шод гардад».
7 Ва он мард бархост, то ки равона шавад, валекин падарарӯсаш аз ӯ бисьёр хоҳиш намуд, ва ӯ монда, шабро дар он ҷо гузаронид.
8 Ва дар рӯзи панҷум ӯ бомдодон бармаҳал бедор шуд, то ки равона шавад, ва падари занак ба ӯ гуфт: «Лутфан, дили худро боқувват намо, ва то гашти пешин таъхир кунед». Ва ҳар ду хӯрок хӯрданд.
9 Ва он мард бархост, то ки равона шавад, — худаш ва суррияаш ва навкараш. Ва падарарӯси ӯ, падари занак, ба ӯ гуфт: «Инак, рӯз ба ғуруб наздик мешавад; лутфан, имшаб бимонед; инак, рӯз тамом мешавад; шабро дар ин ҷо бигзарон, то дилат шод гардад; ва фардо бармаҳал бедор шуда, роҳи худро давом хоҳед дод, ва ту ба хаймаи худ хоҳӣ расид».
10 Вале он мард ба шабгузаронӣ розӣ нашуд, ва бархоста, равона шуд ва то рӯ ба рӯи Ябус, ки Ерусалим бошад, расид, ва ҷуфти харони полондор ҳамроҳи ӯ буд, ва суррияи ӯ бо ӯ буд.
11 Вақте ки онҳо ба Ябус расиданд, рӯз бағоят ба ғуруб наздик буд, ва навкар ба оғояш гуфт: «Биёед, ба ин шаҳри ябусиён дохил шуда, шабро дар он ҷо бигзаронем».
12 Оғояш ба вай гуфт: «Ба шаҳри бегона, ки сокинонаш аз банӣ‐Исроил нестанд, доҳил намешавем, балки ба Ҷабъа мегузарем».
13 Ва ба навкари худ гуфт: «Рафта, ба яке аз маконҳо мерасем, ва шабро дар Ҷабъа ё дар Ромо мегузаронем».
14 Ва аз он ҷо гузашта рафтанд, ва назди Ҷабъа, ки мулки Биньёмин аст, офтоб бар онҳо ғуруб кард.
15 Ва ба он ҷо тоб хӯрданд, то ки омада, шабро дар Ҷабъа бигзаронанд; ва ӯ омада, дар кӯчаи шаҳр нишаст, ва касе набуд, ки онҳоро ба хонаи худ бурда, барои шабгузаронӣ ҷой диҳад.
16 Ва инак, пирамарде бегоҳирӯзӣ аз кори худ аз саҳро бармегашт; ва ин мард аз кӯҳи Эфроим буда, дар Ҷабъа сукунат дошт, вале мардуми ин макон аз сибти Биньёмин буданд.
17 Ва ӯ назар андохта дид, ки роҳгузаре дар кӯчаи шаҳр нишастааст; ва пирамард гуфт: «Куҷо меравӣ? Ва аз куҷо омадаӣ?»
18 Дар ҷавоби ӯ гуфт: «Мо аз Байт‐Лаҳми Яҳудо то ақсои кӯҳи Эфроим меравем, ки ман аз он ҷо ҳастам; ба Байт‐Лаҳми Яҳудо рафта будам, ва алҳол сӯи хонаи Худованд меравам; ва касе нест, ки маро ба хонаи худ бибарад.
19 Ва коҳу беда барои харони мо ҳаст, ва нону шароб низ барои ман ва барои канизи ту ва барои навкаре ки ҳамроҳи бандагони туст; аз ҳеҷ чиз камӣ надорем».
20 Пирамард гуфт: «Осоиштагӣ бар ту бод; ҳар камии ту бар ман аст; лекин дар кӯча шабгузаронӣ накун».
21 Ва ӯро ба хонаи ҳуд овард, ва ба харон хӯрок дод; ва онҳо пойҳои худро шустанд, ва хӯрданд, ва нӯшиданд.
22 Ҳангоме ки онҳо дили худро шод мекарданд, инак, мардуми шаҳр, шахсони сафилзода, хонаро иҳота намуда, дари онро сахт кӯфтанд, ва ба он пирамарди соҳибхона сухан ронда, гуфтанд: «Он мардро, ки ба хонаи ту даромадааст, берун ор, то ки бо ӯ бихобем».
23 Ва марди соҳибхона назди онҳо баромада, ба онҳо гуфт: «Не, бародаронам, лутфан, бадкорӣ накунед; модоме ки ин мард ба хонаи ман даромадааст, ин кори зиштро накунед.
24 Инак, духтари бокираи ман ва суррияи ӯ, — ман онҳоро берун меоварам, ва шумо ба номӯси онҳо таҷовуз намоед, ва ҳар чи дар назаратон писанд ояд, ба онҳо бикунед, вале ба ин мард ин кори зиштро накунед».
25 Валекин он шахсон нахостанд сухани ӯро бишнаванд. Ва он мард суррияи худро гирифта, назди онҳо берун овард; ва онҳо бо вай хобиданд, ва тамоми шаб то субҳ азият доданд, ва баробари дамидани саҳар варо вогузоштанд.
26 Ва занак субҳидам омада, назди дари он мард, ки оғояш дар он ҷо буд, беҳуш шуда афтод, ва то равшан шудани рӯз дар он ҷо хобид.
27 Бомдодон оғои вай бархоста, дари хонаро воз кард, ва берун омад, то ки ба роҳи худ равона шавад; ва инак, зани суррияи ӯ дар даҳани дари хона афтодааст, ва дастҳояш бар остона буд.
28 Ва ӯ ба вай гуфт: «Бархез, то ки биравем!» Вале касе ҷавоб надод. Пас варо гирифта, бар хар гузошт, ва он мард бархоста, ба макони худ рафт.
29 Ва ҳангоме ки ба хонаи худ расид, корде гирифт, ва суррияи худро гирифта, андоми бадани варо ба дувоздаҳ қисм пора кард, ва онҳоро ба тамоми ҳудуди Исроил фиристод.
30 Ва ҳар кӣ инро медид, мегуфт: «Аз рӯзе ки банӣ‐Исроил аз замини Миср баромадаанд, то имрӯз чунин коре карда ва дида нашудааст; ба ин диққат диҳед, машварат намоед ва бигӯед».
20БОБИ БИСТУМ
Ҷанг дар миёни сибти Биньёмин ва сибтҳои дигар.
1 Ва тамоми банӣ‐Исроил берун омаданд, ва ҷамоат мисли як тан, аз Дон то Беэр‐Шобаъ ва замини Ҷилъод, ба ҳузури Худованд дар Мисфо ҷамъ шуданд.
2 Ва сардорони тамоми қавм, ҳамаи сибтҳои Исроил, дар ҷамъомади қавми Худо, ки аз чорсад ҳазор нафар пиёдаи шамшерзан иборат буданд, ҳозир шуданд.
3 Ва банӣ‐Биньёмин шуниданд, ки банӣ‐Исроил ба Мисфо омадаанд. Ва банӣ‐Исроил гуфтанд: «Бигӯед, ки ин шарорат чӣ гуна рӯй додааст»?
4 Ва он марди левизода, шавҳари занаке ки кушта шуда буд, ҷавоб гардонида, гуфт: «Ман бо суррияи худ ба Ҷабъа, ки мулки Биньёмин аст, омадам, то ки шабро бигзаронам.
5 Ва сокинони Ҷабъа бар ман қиём карданд, ва хонаеро, ки дар он будам, шабона иҳота намуданд. Маро мехостанд бикушанд, ва суррияи маро он қадар азият доданд, ки вай мурд.
6 Ва ман суррияи худро гирифта, пора‐пора кардам, ва онро ба ҳамаи шаҳрҳои мулки Исроил фиристодам, зеро ки онҳо кори қабеҳ ва зиште дар Исроил ба амал оварданд.
7 Инак ҳамаи шумо, эй банӣ‐Исроил, муҳокима ва машварати худро дар ин ҷо бикунед».
8 Ва тамоми қавм, чун як тан, қиём намуда, гуфтанд: «Ҳеҷ яке аз мо ба хаймаи худ нахоҳем рафт, ва ҳеҷ яке аз мо ба хонаи худ нахоҳем шитофт.
9 Ва алҳол мо бояд дар ҳаққи Ҷабъа чунин коре бикунем: мувофиқи қуръа бар он битозем.
10 Ва даҳ нафар аз сад аз ҳамаи сибтҳои Исроил, ва сад нафар аз ҳазор, ва ҳазор нафар аз бевар бигирем, то ки тӯша барои қавм биёранд; ва ҳамин ки онҳо баргарданд, мо ба Ҷабъаи Биньёмин мувофиқи тамоми қабоҳате ки вай дар ҳаққи Исроил ба амал овардааст, амал намоем».
11 Ва ҳамаи исроилиён якдилона, чун як тан, назди он шаҳр ҷамъ омаданд.
12 Ва сибтҳои Исроил ба тамоми сибти Биньёмин одам фиристода, гуфтанд: «Ин чӣ шароратест, ки дар миёни шумо рӯй додааст?
13 Ва акнун он шахсони сафилзодаро, ки дар Ҷабъа ҳастанд, таслим намоед, то ки онҳоро ба қатл расонида, шароратро аз Исроил нест кунем». Валекин банӣ‐Биньёмин нахостанд, ки овози бародарони худ банӣ‐Исроилро бишнаванд.
14 Ва банӣ‐Биньёмин аз шаҳрҳо дар Ҷабъа ҷамъ шуданд, то ки бо банӣ‐Исроил ҷанг кунанд.
15 Ва аз банӣ‐Биньёмин дар он рӯз аз шаҳрҳо бисту шаш ҳазор марди шамшерзан саф кашиданд; ғайр аз ин, аз сокинони Ҷабъа ҳафтсад нафар баргузидагон саф кашиданд.
16 Аз тамоми ин қавм ҳафтсад марди баргузидаи чапдаст буданд, ва ҳамаи инҳо ба мӯе санг меандохтанд, ва хато намекарданд.
17 Ва аз исроилиён, ғайр аз Биньёмин, чорсад ҳазор нафар шамшерзан саф кашиданд, ки ҳамаашон мардони ҷангӣ буданд.
18 Ва бархоста, ба Байт‐Ил рафтанд, ва аз Худо пурсиданд, ва банӣ‐Исроил гуфтанд: «Кист, ки аз миёни мо аввал бар зидди банӣ‐Биньёмин ба ҷанг барояд?» Ва Худованд гуфт: «Яҳудо аввал барояд».
19 Ва банӣ‐Исроил бомдодон бархоста, назди Ҷабъа ӯрду заданд.
20 Ва исроилиён берун омаданд, то ки бо Биньёмин ҷанг кунанд, ва исроилиён назди Ҷабъа ба муқобили онҳо барои ҷанг саф бастанд.
21 Ва банӣ‐Биньёмин аз Ҷабъа берун омада, дар он рӯз бисту ду ҳазор нафарро аз исроилиён кушта бар замин ғалтониданд.
22 Вале қавм, яъне исроилиён, қувват ёфта, дар ҳамон ҷое ки рӯзи якум саф баста буданд, аз нав барои ҷанг саф бастанд.
23 Ва банӣ‐Исроил баромада, ба ҳузури Худованд то шом гиристанд, ва аз Худованд пурсида, гуфтанд: «Оё боз бар зидди бародарони худ банӣ‐Биньёмин барои ҷанг наздик оем?» Ва Худованд ғуфт: «Бар зидди онҳо бароед».
24 Ва банӣ‐Исроил дар рӯзи дуюм ба ҷониби банӣ‐Биньёмин пеш омаданд.
25 Ва биньёминиён дар рӯзи дуюм ба пешвози онҳо аз Ҷабъа берун омаданд ва аз банӣ‐Исроил боз ҳаждаҳ ҳазор нафарро кушта бар замин ғалтониданд, ки ҳамаашон шамшерзан буданд.
26 Ва тамоми банӣ‐Исроил, тамоми қавм баромада, ба Байт‐Ил омаданд, ва гириста, дар он ҷо ба хузури Худованд нишастанд, ва дар он рӯз то шом рӯза доштанд, ва қурбониҳои сӯхтанӣ ва қурбониҳои саломатӣ ба ҳузури Худованд оварданд.
27 Ва банӣ‐Исроил аз Худованд пурсиданд, — ва сандуқи аҳди Худо дар он вақт дар он ҷо буд,
28 Ва Финҳос ибни Элъозор ибни Ҳорун дар он айём пеши он меистод, — ва гуфтанд: «Оё боз бар зидди бародарони худ банӣ‐Биньёмин ба ҷанг бароям, ё даст кашам?» Ва Худованд гуфт: «Бароед, зеро ки фардо онҳоро ба дасти ту хоҳам супурд».
29 Ва исроилиён гирдогирди Ҷабъа каминҳо гузоштанд.
30 Ва банӣ‐Исроил дар рӯзи сеюм ба муқобили банӣ‐Биньёмин баромаданд, ва мисли дафъаҳои пеш назди Ҷабъа саф бастанд.
31 Ва банӣ‐Биньёмин ба пешвози қавм берун омада, аз шаҳр дур шуданд, ва дар роҳҳо, ки яке сӯи Байт‐Ил ва дигаре сӯи Ҷабъа мебурд, мисли дафъаҳои пеш ба куштани қавм шурӯъ карданд, ва қариб сӣ нафар аз исроилиён дар саҳро кушта шуданд.
32 Ва банӣ‐Биньёмин гуфтанд: «Онҳо пеши мо, мисли пештара, фурӯ меғалтанд». Вале банӣ‐Исроил гуфтанд: «Бигрезем, то ки ӯро аз шаҳр ба сӯи роҳҳо дур кунем».
33 Ва ҳамаи исроилиён аз ҷои худ бархоста, дар Баал‐Томор саф бастанд; ва каминварони Исроил аз камингоҳи худ, аз майдони назди Ҷабъа ҷаста баромаданд.
34 Ва даҳ ҳазор марди баргузида, ки аз тамоми Исроил буданд, аз пеши Ҷабъа наздик омаданд, ва ҳарбу зарби сахте рӯй дод, ва биньёминиён надонистанд, ки фалокате ба сарашон меояд.
35 Ва Худованд ба Биньёмин пеши Исроил шикаст расонид, ва банӣ‐Исроил дар он рӯз бисту панҷ ҳазору сад нафарро аз Биньёмин куштанд, ки ҳамаашон шамшерзан буданд.
36 Ба назари банӣ‐Биньёмин чунин намуд, ки шикаст расонидаанд; вале исроилиён барои Биньёмин ҷой холӣ карда буданд, зеро умедашон ба он камине буд, ки назди Ҷабъа гузошта буданд.
37 Ва каминварон шитофта, ба Ҷабъа ҳуҷум карданд; ва каминварон паҳн шуда рафта, тамоми аҳли шаҳрро ба дами шамшер куштанд.
38 Ва аломате дар миёни исроилиён ва каминварон қарор дода шуда буд, ки онҳо бояд аз даруни шаҳр сутунҳои ғафси дудро баланд кунанд.
39 Ва ҳангоме ки исроилиён дар ҷанг қафо гаштанд, ва Биньёмин ба задани исроилиён шурӯъ намуда, тақрибан сӣ нафарро аз онҳо куштанд, ва гуфтанд: «Онҳо пеши мо мисли ҷанги якум фурӯ меғалтанд», —
40 Дар ҳамин вақт аз шаҳр сутуни ғафси дуд баланд шудан гирифт, ва биньёминиён ба ақиби худ назар андохтанд, ва инак, дуд аз тамоми шаҳр сӯи осмон мебарояд,
41 Ва исроилиён баргаштанд, ва биньёминиён ба воҳима афтоданд, зеро диданд, ки фалокат бар сарашон омадааст.
42 Ва онҳо аз пеши исроилиён ба тарафи роҳи биёбон рӯй тофтанд, вале ҳарбу зарб онҳоро дар он ҷо низ таъқиб мекард, ва касонеро, ки аз шаҳрҳо мебаромаданд, андаруни он мекуштанд.
43 Биньёминиёнро иҳота намуда, гирифтори таъқиб карданд, ва дар Менуҳо, ки дар рӯ ба рӯи тарафи шарқии Ҷабъа воқеъ аст, онҳоро торумор сохтанд.
44 Ва ҳаждаҳ ҳазор нафар аз биньёминиён фурӯ ғалтиданд, ки ҳамаашон мардони ҷангӣ буданд.
45 Ва онҳо тоб хӯрда, ба биёбон, сӯи сахраи Риммӯн гурехтанд, вале аз онҳо панҷ ҳазор нафарро дар роҳҳо ба ҳалокат расониданд; ва онҳоро то Ҷидъӯм таъқиб карда, аз онҳо ду ҳазор нафарро куштанд.
46 Ҳамаи касоне ки аз Биньёмин дар он рӯз талаф шуданд, бисту панҷ ҳазор нафар шамшерзан буданд, ки ҳамаашон мардони ҷангӣ буданд.
47 Ва шашсад нафар тоб хӯрда, ба биёбон, сӯи сахраи Риммӯн гурехтанд, ва чор моҳ дар сахраи Риммӯн истоданд.
48 Ва исроилиён назди банӣ‐Биньёмин баргашта, онҳоро ба дами шамшер куштанд: тамоми аҳли шаҳр ва чорпоён ва ҳар чиро, ки ёфтанд; низ ҳамаи шаҳрҳоеро, ки ёфтанд, оташ дода сӯзониданд.
21БОБИ БИСТУ ЯКУМ
Тақдири баъдинаи сибти Биньёмин.
1 Ва исроилиён дар Мисфо қасам хӯрда, гуфтанд: «Касе аз мо духтарашро ба биньёминӣ ба занӣ нахоҳад дод».
2 Ва қавм ба Байт‐Ил омада, то шом дар он ҷо ба хузури Худо нишастанд, ва овози худро баланд карда, зор‐зор гиристанд.
3 Ва гуфтанд: «Чаро, эй Худованд Худои Исроил, чунин воқеа дар Исроил рӯй дод, ки имрӯз як сибт аз Исроил кам мешавад?»
4 Ва фардояш қавм субҳидам бархоста, дар он ҷо қурбонгоҳ бино карданд, ва қурбониҳои сӯхтанӣ ва қурбониҳои саломатӣ оварданд.
5 Ва банӣ‐Исроил гуфтанд: «Кист аз ҳамаи сибтҳои Исроил, ки ба ҷамъомади назди Худованд наомадааст?» Зеро қасами сахт хӯрда гуфта буданд, ки ҳар кӣ назди Худованд ба Мисфо наомада бошад, бояд ҳатман кушта шавад.
6 Ва банӣ‐Исроил дар хусуси бародари худ Биньёмин пушаймон шуда, гуфтанд: «Имрӯз як сибт аз Исроил маҳв шуд.
7 Пас, бо бақияи онҳо дар бобати занон чӣ бояд бикунем? Мо, охир, ба Худованд қасам хӯрдаем, ки духтарони худро ба онҳо ба занӣ надиҳем».
8 Ва гуфтанд: «Оё ягон сибти Исроил ҳаст, ки ба Мисфо назди Худованд наомада бошад?» Ва инак, аз Ёбиш‐Ҷилъод касе ба ҷамъомади ӯрдугоҳ наомадааст.
9 Ва қавм аз назар гузаронида шуданд, ва инак, аз сокинони Ёбиш‐Ҷилъод касе дар он ҷо набуд.
10 Ва ҷамоат дувоздаҳ ҳазор нафар ҷанговарони далерро ба он ҷо фиристоданд, ва ба онҳо амр фармуда, гуфтанд: «Биравед ва сокинони Ёбиш‐Ҷилъодро бо занон ва кӯдаконашон ба дами шамшер бикушед.
11 Ва чунин аст коре ки бояд бикунед: ҳар мард ва ҳар занеро, ки бо мард хобида бошад, маҳв намоед».
12 Ва аз миёни сокинони Ёбиш‐Ҷилъод чорсад духтари бокираи бо мард нахобидаро ёфтанд, ва онҳоро ба ӯрдугоҳи Шилӯ, ки дар замини Канъон аст, оварданд.
13 Ва тамоми ҷамоат назди банӣ‐Биньёмин, ки дар сахраи Риммӯн буданд, барои гуфтугӯ кас фиристода, онҳоро ба сулҳ даъват карданд.
14 Дар он вақт биньёминиён баргаштанд, ва духтаронеро, ки аз занони Ёбиш‐Ҷилъод зинда нигоҳ дошта буданд, ба онҳо доданд, вале ин адад барояшон кифоят накард.
15 Валекин қавм дар хусуси Биньёмин пушаймон буданд, зеро ки Худованд дар сибтҳои Исроил рахнае ба амал оварда буд.
16 Ва пирони ҷамоат гуфтанд: «Бо бақияи онҳо дар бобати занон чӣ бояд бикунем? Зеро ки занон аз байни Биньёмин маҳв шудаанд».
17 Ва гуфтанд: «Бигзор мулки Биньёмин мероси растагорони вай гардад, то сибте аз Исроил маҳв нашавад.
18 Вале мо наметавонем духтарони худро ба онҳо ба занӣ диҳем, зеро ки банӣ‐Исроил қасам хӯрда, гуфтаанд: „Малъун бод касе ки ба Биньёмин зан диҳад!“»
19 Ва гуфтанд: «Инак, дар Шилӯ, ки ба тарафи шимолии Байт‐Ил ва ба тарафи шарқии роҳе ки аз Байт‐Ил ба Шакем мебарад, ва ба тарафи ҷанубии Лабӯно воқеъ аст, ҳар сол иди Худованд гузаронида мешавад».
20 Ва ба банӣ‐Биньёмин амр фармуда, гуфтанд: «Биравед ва дар токзорҳо камин гиред.
21 Ва чун дидед, ки инак, духтарони Шилӯ барои рақсидан ба майдони рақсу суруд баромадаанд, шумо аз токзорҳо берун омада, ҳар яке барои худ аз духтарони Шилӯ зане бирабоед ва ба замини Биньёмин биравед.
22 Ва ҳангоме ки падарон ё бародарони онҳо назди мо омада шикоят кунанд, мо ба онҳо хоҳем гуфт: „Онҳоро бибахшед, зеро ки ҳар яке зани худро дар ҷанг ба даст наовардаанд, ва шумо низ ба онҳо надодаед, ки алҳол айбдор шавед“».
23 Пас, банӣ‐Биньёмин ҳамин тавр амал карданд, ва бар ҳасби шумораи худ духтаронро аз миёни раққосагон рабуда, ба занӣ гирифтанд, ва рафта ба мулки худ баргаштанд, ва шаҳрҳо бино карда, дар онҳо сокин шуданд.
24 Ва аз он ҷо банӣ‐Исроил дар он вақт ҳар яке ба сибти худ ва ба қабилаи худ равона шуданд, ва аз он ҷо ҳар яке ба мулки худ берун омаданд.
25 Дар он айём подшоҳе дар Исроил набуд; ҳар кас он чи ба назараш писанд меомад, мекард.