НОМАИ

ҲАВВОРИИ МУҚАДДАС ЯЪҚУБ

1

БОБИ ЯКУМ

Имтиҳони имон.

1 Яъқуб, ки бандаи Худо ва Исои Масеҳи Худованд аст, ба дувоздаҳ сибте ки пароканда мебошанд, салом мерасонад.

2 Эй бародарони ман, вақте ки ба озмоишҳои гуногун дучор мешавед, инро барои худ шодии бузург ҳисоб кунед,

3 Чун медонед, ки имтиҳони имони шумо сабрро ба вуҷуд меоварад;

4 Ва сабр бояд амали комил дошта бошад, то ки шумо комил ва солим буда, ҳеҷ камбудие надошта бошед.

5 Ва агар касе аз шумо аз ҳикмат камӣ дошта бошад, бигзор талаб кунад аз Худое ки ба ҳама бо саховат ва бе сарзаниш ато менамояд, — ва ба вай ато хоҳад шуд.

6 Валекин бигзор бо имон талаб кунад ва ҳеҷ шакку шубҳа надошта бошад, чунки шаккок ба мавҷи баҳр монанд аст, ки аз шамол баланд шуда, ҷавлон мекунад:

7 Бигзор чунин кас гумон накунад, ки аз Худованд чизе ба даст хоҳад овард.

8 Шахси дудила дар ҳамаи роҳҳои худ ноустувор аст.

9 Бигзор бародари залил бо сарбаландии худ фахр намояд,

10 Ва сарватдор — бо залолати худ, чунки ӯ мисли гули алаф даргузар аст:

11 Офтоб бо гармо тулӯъ намуда, алафро мехушконад, ва гули он рехта, зебоии намуди он нест мешавад; сарватдор низ дар роҳҳои худ ҳамин тавр пажмурда хоҳад шуд.

12 Хушо касе ки дар озмоиш вафодор мемонад, зеро вақте ки вай имтиҳон медиҳад, тоҷи ҳаётро, ки Худованд ба дӯстдорони Худ ваъда кардааст, ба даст хоҳад овард.

Озмоиш аз куҷо ба амал меояд.

13 Дар озмоиш бигзор ҳеҷ кас набояд бигӯяд: «Маро Худо меозмояд»; чунки Худо бо бадӣ озмуда намешавад ва Худаш ҳеҷ касро намеозмояд,

14 Балки ҳар кас саргарм ва фирефтаи ҳаваси худ гардида, ба озмоиш дучор мешавад;

15 Баъд ҳавас, ҳомила шуда, гуноҳро ба дуньё меоварад, ва гуноҳ, ки ба амал омад, мамотро ба вуҷуд меоварад.

16 Эй бародарони маҳбуби ман, фирефта нашавед.

17 Ҳар як инъоми нек ва ҳар як бахшоиши комил аз боло, аз ҷониби Падари нурҳо нозил мешавад, ки дар Ӯ тағьироте ва ҳеҷ дигаргуние мавҷуд нест.

18 Ӯ, бар ҳасби хости Худ, моро ба василаи каломи ростӣ ба дуньё овард, то ки як навъ навбари офаридаҳои Ӯ бошем.

Огоҳонидан аз худфиребӣ дар вақти шунидани Каломи Худо.

19 Пас, эй бародарони маҳбуби ман, бигзор ҳар кас дар шунидан бошитоб, дар гуфтан оҳиста ва дар хашм оҳиста бошад;

20 Зеро ки хашми одамизод адолати Худоро ба амал намеоварад.

21 Бинобар ин ҳар нопокӣ ва бақияи бадиро як сӯ гузошта, каломеро, ки дар шумо кошта шудааст, бо фурӯтанӣ қабул кунед, ки он метавонад ҷонҳои шуморо наҷот диҳад.

Хушо касе ки Каломи Худоро ба ҷо меоварад.

22 Пас иҷрокунандагони калом бошед, на фақат шунавандагоне ки худро фиреб медиҳанд,

23 Зеро, касе ки каломро мешунаваду иҷро намекунад, ба шахсе монанд аст, ки тарҳи рӯяшро дар оина мебинад:

24 Ба чеҳраи худ нигоҳ карду рафт, ва дарҳол фаромӯш кард, ки он чӣ гуна аст.

25 Аммо касе ки ба шариати комил, ба шариати озодӣ диққат мекунад ва дар он устувор мемонад, дар ҳолате ки на шунавандаи фаромӯшҳотир, балки иҷрокунандаи кор мебошад, — хушо он кас дар амали ҳуд.

26 Агар касе аз шумо гумон кунад, ки диндор аст, ва ҷилави забони худро накашад, балки дили худро фирефта намояд, — диндории вай бефоида аст.

27 Дини пок ва беайб ба ҳузури Худо ва Падар ин аст, ки ятимон ва бевазанонро дар андӯҳи онҳо парасторӣ кунем ва худро аз олам олуда накарда нигоҳ дорем.

2

БОБИ ДУЮМ

Сарватдорони имон — ворисони Малакути Худо.

1 Эй бародарони ман! Ба Исои Масеҳи Худованди мо, ки Худованди ҷалол аст, бе рӯйбинӣ имон дошта бошед.

2 Зеро, агар ба ҷамъомади шумо касе ангуштарини тилло дар даст ва либоси зебо дар тан биёяд, ва камбағале низ либоси чиркин дар тан биёяд,

3 Ва шумо ба соҳиби либоси зебо нигоҳ карда, гӯед: «Шумо марҳамат фармуда ин ҷо бинишинед», ва ба камбағал гӯед: «Ту он ҷо биист» ё ки: «Ин ҷо, поини пои ман бинишин», —

4 Оё шумо миёни худатон фарқ нагузоштаед ва оё доварони соҳиби афкори бад нестед?

5 Гӯш диҳед, эй бародарони маҳбуби ман: оё Худо камбағалони оламро интиҳоб накардааст, ки сарватдор дар имон ва ворисони Малакуте бошанд, ки онро Ӯ ба дӯстдорони Худ ваъда кардааст?

6 Валекин шумо аз камбағал нафрат кардаед. Оё сарватдорон шуморо ба танг намеоваранд, ва оё онҳо шуморо ба маҳкамаҳо намекашанд?

7 Оё онҳо номи некеро, ки бар шумост, беобрӯ намекунанд?

8 Агар шумо шариати шоҳонаро, бар тибқи Навиштаи: «Ёри ҳудро мисли худ дӯст бидор» ба ҷо меоварда бошед, хуб мекунед;

9 Аммо агар рӯйбинӣ мекарда бошед, гуноҳ мекунед, ва шариат шуморо вайронкунанда ҳисоб мекунад.

10 Касе ки тамоми шариатро риоя намуда, валекин дар як чиз гуноҳ кунад, нисбат ба ҳама чиз айбдор мешавад.

11 Зеро Он ки «зино накун» гуфтааст, «қатл накун» ҳам гуфтааст; бинобар ин, агар ту зино накунӣ, вале қатл кунӣ, — ба шариат хато кардаӣ.

12 Ҳамчун касоне ки бар тибқи шариати озодӣ доварӣ карда хоҳанд шуд, чунин сухан гӯед ва чунин амал кунед,

13 Зеро бар касе ки эҳсон накардааст, доварӣ бе марҳамат хоҳад буд; марҳамат бар доварӣ ғалаба меёбад.

Имони ҳақиқӣ наметавонад бе аъмол бошад.

14 Эй бародарони ман, чӣ фоидае ҳаст, агар касе гӯяд, ки имон дорад, дар сурате ки амал надорад? Оё чунин имон метавонад ӯро наҷот диҳад?

15 Агар бародаре ё хоҳаре бараҳна буда, ризқу рӯзӣ надошта бошанд,

16 Ва касе аз шумо ба онҳо гӯяд: «Ба саломатӣ рафта, гарм ва сер шавед», валекин он чи барои ҷисм лозим аст, ба онҳо надиҳад, — чи фоидае ҳаст?

17 Ҳамчунин имон низ, агар аъмол надошта бошад, ба ҳудии худ мурда аст.

18 Балки касе хоҳад гуфт: «Ту имон дорӣ, вале ман аъмол дорам, — имони худро бе аъмол ба ман нишон бидеҳ, вале ман ба ту имони ҳудро аз аъмоли худ нишон медиҳам».

19 Ту имон дорӣ, ки Худо ягона аст? Хуб мекунӣ; девҳо низ имон доранд ва меларзанд.

20 Аммо, эй одами бемағз, оё мехоҳӣ бидонӣ, ки имон бе аъмол мурда аст?

Имон ба воситаи аъмол ба камол мерасад.

21 Оё падари мо Иброҳим, ки писари худ Исҳоқро ба қурбонгоҳ бароварда буд, бо аъмоли ҳуд сафед нашуд?

22 Оё ту мебинӣ, ки имон ба аъмоли ӯ мадад кард, ва имони ӯ ба василаи аъмол ба камол расид?

23 Ва он Навишта иҷро шуд, ки мегӯяд: «Иброҳим ба Худо имон овард, ва ин барои ӯ адолат ҳисоб карда шуд, ва ӯ дӯсти Худо номида шуд».

24 Оё мебинед, ки одамизод ба василаи аъмол сафед мешавад, на фақат ба василаи имон?

25 Ба ҳамин тарз Роҳоби фоҳиша низ, ки ҷосусонро қабул карда, бо роҳи дигаре фиристода буд, оё ба василаи аъмол сафед нашуд?

26 Зеро, чунон ки ҷисм бе рӯҳ мурда аст, ончунон имон низ бе аъмол мурда аст.

3

БОБИ СЕЮМ

Огоҳонидан аз гуноҳҳои забон.

1 Эй бародарони ман! Бисьёре аз шумо муаллим нашавед, чун медонед, ки мо ба маҳкумияти бештаре дучор хоҳем шуд,

2 Зеро ки ҳамаи мо бисьёр пешпо мехӯрем. Касе ки дар суҳан пешпо намеҳӯрад, вай одами комил аст, ки метавонад ҷилави тамоми ҷисмро бикашад.

3 Инак, мо ба даҳони аспҳо лаҷом меандозем, то ки ба мо итоат кунанд, ва тамоми ҷисми онҳоро идора мекунем;

4 Инак, киштиҳо низ, ҳарчанд бузург бошанд ва ҳарчанд бо бодҳои пурзӯр ронда шаванд ҳам, ба воситаи суккони хурде, ба куҷое ки суккондор ҳоҳад, равона карда мешаванд;

5 Ҳамчунин забон низ узви хурд аст, вале бисьёр лоф мезанад. Бубин, оташи ҳурде чӣ гуна ҷангали бузургро месӯзонад.

6 Забон низ оташ аст, шарорате дар миёни узвҳои мо мебошад. Тамоми ҷисмро палид мекунад ва доираи ҳаётро оташ медиҳад, дар сурате ки худаш аз ҷаҳаннам оташ мегирад.

7 Зеро ки ҳама гуна даррандагон ва паррандагон, хазандагон ва ҳайвоноти баҳрӣ ба воситаи одамизод ром мешавад ва ром шудааст,

8 Валекин забонро ҳеҷ кас аз одамон ром карда наметавонад: он — шароратест боздоштанашаванда ва пур аз заҳри марговар.

9 Бо он мо Худо ва Падарро муборак мехонем, ва бо он мо ба одамон, ки ба сурати Худо офарида шудаанд, лаънат мегӯем:

10 Аз айни як даҳон баракат ва лаънат мебарояд. Эй бародарони ман, набояд ин тавр шавад.

11 Оё аз як сӯрохи чашма ҳам оби ширин ва ҳам оби талх ҷорӣ мешавад?

12 Эй бародарони ман, дарахти анҷир наметавонад зайтун оварад, ё токи ангур — анҷир: ҳамчунин як чашма наметавонад оби шӯр ва ширин ба вуҷуд оварад.

Ҳикмати ҳақиқӣ ба воситаи рафтор исбот меёбад.

13 Оё касе аз шумо ҳаким ва бохирад аст? Бигзор инро дар рафтори неки худ бо фурӯтании хирадмандона дар амал нишон диҳад.

14 Аммо агар шумо дар дили худ ҳасади талҳ ва худсарӣ доред, фахр накунед ва дар ҳаққи ростӣ дурӯғ нагӯед:

15 Ин ҳикмате нест, ки аз боло нозил шуда бошад, балки ҳикмати заминӣ, нафсонӣ ва шайтонӣ мебошад;

16 Зеро ҳар ҷое ки ҳасад ва худсарӣ бошад, он ҷо носозӣ ва ҳар кори бад ҳувайдост.

17 Валекин ҳикмате ки аз болост, аввалан, пок аст, сонӣ осоишта, боилтифот, фармонбардор, пур аз марҳамат ва самараи нек, беғараз ва бериё мебошад.

18 Ва самараи адолат дар осоиштагӣ кошта мешавад барои онҳое ки осоиштагиро ба амал меоваранд.

4

БОБИ ЧОРУМ

Дӯстӣ бо дуньё душманӣ бо Худост.

1 Адоват ва ҷидолҳо дар миёни шумо аз куҷост? Оё на аз ҳавасҳои шумост, ки дар андоматон меҷанганд?

2 Ҳавас мекунед — ва надоред; мекушед ва ҳасад мебаред — ва наметавонед ба даст оваред; муноқиша ва адоват мекунед — ва надоред, чунки илтимос намекунед;

3 Илтимос мекунед ва ба даст намеоваред, чунки на аз баҳри қасди нек илтимос мекунед, балки аз баҳри он ки барои ҳавасҳои худ истифода намоед.

4 Эй зинокорон! Оё намедонед, ки дӯстӣ бо дуньё душманӣ бо Худост? Пас, касе ки мехоҳад дӯсти дуньё бошад, душмани Худо мегардад.

5 Оё шумо гумон мекунед, ки Навишта бар абас гуфтааст: «Рӯҳеро, ки дар мо сокин аст, то ба дараҷаи рашк дӯст медорад»?

6 Лекин файзи бештаре мебахшад; барои ҳамин ҳам гуфта шудааст: «Худо ба мағрурон муқобилат мекунад, вале ба фурӯтанон файз мебахшад».

7 Пас, ба Худо итоат намоед, ба иблис муқобилат кунед, ва ӯ аз шумо хоҳад гурехт.

8 Ба Худо наздик шавед, ва Ӯ ба шумо наздик хоҳад шуд. Дастҳои худро бишӯед, эй гуноҳкорон, ва дилҳои худро пок кунед, эй дудилагон.

9 Андӯҳгин шуда, гирья ва нола кунед. Бигзор хандаи шумо ба гирья ва шодии шумо ба ғусса мубаддал шавад.

10 Дар хузури Худованд фурӯтан бошед, ва Ӯ шуморо сарафроз хоҳад кард.

11 Эй бародарон, дар ҳаққи якдигар бадгӯӣ накунед. Касе ки бародарашро бадгӯӣ кунад, ё бародарашро ҳукм намояд, вай шариатро бадгӯӣ мекунад ва шариатро ҳукм менамояд. Ва агар ту шариатро ҳукм намоӣ, пас иҷрокунандаи шариат нестӣ, балки довар ҳастӣ.

12 Шариатгузор ва Довар якест, ва Ӯ қодир аст наҷот диҳад ва талаф кунад. Вале ту кистӣ, ки дигареро ҳукм менамоӣ?

Ба муқобили нақшаҳое ки дилхоҳи Худо нест.

13 Акнун гӯш кунед шумо, эй касоне ки мегӯед: «Имрӯз ё фардо ба фалон шаҳр рафта, дар он ҷо як сол зиндагонӣ мегузаронем, ва бо тиҷорат машғул шуда, фоида мекунем»,

14 Дар сурате ки шумо намедонед, ки фардо чӣ ҳодиса рӯй хоҳад дод: зеро ки чист зиндагонии шумо? Буғест, ки ба муддати кӯтоҳе зоҳир гардида, баъд нест мешавад.

15 Ба ҷои он шумо бояд бигӯед: «Агар Худо хоҳад, мо зинда мемонем ва чунин ё чунон мекунем».

16 Лекин акнун шумо, ба сабаби ҳавобаландии худ, лоф мезанед: ҳар лофи монанди ин бад аст.

17 Пас, касе ки медонад, чӣ некӣ бояд кард, ва намекунад, — ба вай гуноҳ аст.

5

БОБИ ПАНҶУМ

Огоҳонидани сарватдорон.

1 Гӯш кунед шумо, эй сарватдорон: дар бораи балоҳое ки ба сари шумо меояд, гирья ва нола кунед.

2 Сарвати шумо пӯсидааст, ва либоси шуморо куя задааст.

3 Тилло ва нуқраи шуморо занг задааст, ва занги онҳо исботе ба муқобили шумо гардида, мисли оташ ҷисми шуморо хоҳад хӯрд: шумо барои айёми охирини худ ганҷ ҷамъ кардаед.

4 Инак, музди коргароне ки саҳроҳои шуморо даравидаанд, ва шумо онро надода нигоҳ доштаед, фиғон мекашад, ва доду фарьёди даравгарон ба гӯши Худованди лашкарҳо расидааст.

5 Шумо дар рӯи замин бо ҳашамат ва дабдаба умр ба сар бурда, айшу ишрат менамудед, ва дилҳои худро гӯё ки барои рӯзи қатл фарбеҳ кардед.

6 Шумо одилро маҳкум намуда, куштед; ӯ ба шумо муқобилат накард.

Омадани Худованд наздик аст.

7 Пас, эй бародарон, то вақти омадани Худованд пурсабр бошед. Инак, зироаткор самараи гаронбаҳои заминро интизор мешавад ва барои ин бисьёр сабр мекунад, то даме ки борони аввалин ва охирин биборад.

8 Шумо низ сабр кунед, дилҳои худро қавӣ гардонед, чунки омадани Худованд наздик аст.

9 Эй бародарон, аз якдигар шиква накунед, то ки маҳқум нагардед: инак, Довар назди дар истодааст.

10 Эй бародарон, аз уқубат ва пурсабрии анбиё ибрат гиред, ки онҳо ба исми Худованд сухан меронданд.

11 Инак, мо онҳоеро, ки сабр кардаанд, хушбахт мешуморем: шумо дар бораи сабри Айюб шунидаед ва анҷоми кори Худовандро дидаед, зеро ки Худованд раҳмон ва бахшанда аст.

Дар бораи қасам.

12 Вале пеш аз ҳама, эй бародарони ман, на ба осмон қасам ёд кунед, на ба замин, на ба ягон қасами дигаре; балки бигзор дар шумо «оре, оре» ва «не, не» бошад, то ки ба маҳкумият дучор нашавед.

Дуо гӯед: дуои боисрори шахси одил қуввати бузурге дорад.

13 Оё касе аз шумо уқубат мекашад? Бигзор дуо гӯяд. Оё касе шодмон аст? Бигзор таронаи Забурро хонад.

14 Оё касе аз шумо бемор аст? Бигзор пирони калисоро назди худ даъват намояд, ва онҳо ӯро ба исми Худованд равған молида, дар ҳаққи ӯ дуо гӯянд, —

15 Ва дуои имон беморро шифо хоҳад дод, ва Худованд ӯро ба по хоҳад хезонд; ва агар ӯ гуноҳ карда бошад, гуноҳҳояш омурзида хоҳад шуд.

16 Ба гуноҳҳои худ назди якдигар иқрор намоед ва барои якдигар дуо гӯед, то шифо ёбед: дуои боисрори шаҳси одил қуввати бузурге дорад.

17 Ильёс шаҳсе буд монанди мо, ва дуо гуфт, ки борон наборад, ва се солу шаш моҳ дар рӯи замин борон набуд.

18 Ва боз дуо гуфт, ва осмон борон дод, ва замин самараи худро ба вуҷуд овард.

Дар бораи муҳаббат нисбат ба бародарони гумроҳ.

19 Эй бародарон! Агар касе аз шумо аз ростӣ сар печад, ва касе ӯро баргардонад,

20 Бигзор вай бидонад, ки шаҳсе ки гуноҳкорро аз роҳи ғалати вай гардонад, ҷони вайро аз мамот наҷот дода, гуноҳҳои зиёдро рӯпӯш хоҳад кард.