КИТОБИ
ИШАЪЁИ НАБӢ
1БОБИ ЯКУМ
Аз Худо ҷудо шудани Исроил.
1 Рӯъёи Ишаъё ибни Омӯс, ки онро дар бораи Яҳудо ва Ерусалим дар айёми Узиё, Ютом, Оҳоз ва Ҳизқиё, подшоҳони Яҳудо, дидааст.
2 Эй осмон, бишнав, ва эй замин, гӯш андоз,
чунки Худованд сухан меронад:
«Писаронро парвариш додам ва ба воя расонидам,
вале онҳо бар зидди Ман исьён карданд.
3 Барзагов молики худро,
ва хар охури соҳиби худро мешиносад,
аммо Исроил намешиносад:
қавми Ман фаҳм намекунанд».
4 Эй вой бар халқи хатокор,
бар қавме ки зери бори гуноҳ мондаанд,
бар насли бадкешон,
бар писарони каҷрафтор!
Худовандро тарк кардаанд,
Куддуси Исроилро хор доштаанд,
ақиб гаштаанд.
5 Чаро боз зарбу лат хӯред,
чун маъсиятро давом диҳед?
Тамоми сар дарднок аст,
ва тамоми дил садчок.
6 Аз кафи по то фарқи сар
дар ӯ ҷои сиҳате нест:
ҷароҳат ва реш ва захми хуншор,
ки на пок карда шудааст,
на баста шудааст ва на бо равған нарм
гардонида шудааст.
7 Замини шумо харобазор гардидааст;
шаҳрҳои шумо ба оташ сӯхтааст;
саҳроҳои шуморо дар пеши назари шумо
бегонаҳо мехӯранд,
ва харобӣ асари торумори бегонаҳост.
8 Ва духтари Сион мисли чайлае дар токзор,
мисли чатре дар полиз, мисли шаҳри
муҳосирашудае мебошад.
9 Агар Худованди лашкарҳо бақияи
андаке барои мо намегузошт,
мо мисли Садӯм мешудем
ва ба Амӯро монандӣ медоштем.
10 Эй мирони Садӯм!
Сухани Худовандро бишнавед.
Эй қавми Амӯро!
Ба шариати Худои мо гӯш андозед.
11 «Қурбониҳои бисьёри шумо ба Ман чӣ лозим аст?
— мегӯяд Худованд. —
Аз қурбониҳои сӯхтании қӯчқорҳо
ва чарбуи парвориён сер шудаам,
ва ба хуни нарговҳо, гӯсфандҳо ва такаҳо
рағбат надорам.
12 Вақте ки меоед, то ба ҳузури Ман ҳозир шавед,
кист, ки аз шумо талабида бошад, ки саҳнҳои
Маро поймол кунед?
13 Ҳадияи бекора дигар набиёред;
бухур барои Ман зишт аст;
навмоҳ ва шанбе ва анҷуман низ:
ба хабосат ва маҷлиси идона наметавонам тоқат оварам.
14 Аз навмоҳҳо ва идҳои шумо ҷони Ман нафрат дорад;
онҳо барои Ман бори гарон аст,
ки аз бардоштанаш тоқатам тоқ шудааст.
15 Ва ҳангоме ки дастҳои худро дароз мекунед,
чашмони Худро аз шумо мепӯшам;
дуоро афзун кунед ҳам,
намешунавам,
чунки дастҳои шумо пур аз хун аст.
16 Шустушӯй кунед, пок шавед;
аъмоли бади худро аз чашмони Ман дур созед;
аз бадкирдорӣ даст кашед.
17 Некӯкориро таълим гиред;
толиби адлу инсоф бошед;
ба мазлум халосӣ диҳед;
ба ятим додгарӣ намоед;
бевазанро ҳимоят кунед».
18 «Биёед исбот намоем,
— мегӯяд Худованд, —
агар гуноҳҳои шумо мисли қирмиз бошад,
мисли барф сафед хоҳад шуд;
агар мисли арғувон сурх бошад,
мисли пашм хоҳад шуд.
19 Агар орзуманд бошед ва бишнавед,
неъматҳои заминро хоҳед хӯрд.
20 Вале агар сар печида, муқобилат кунед,
шамшер шуморо хоҳад хӯрд:
зеро ки даҳони Худованд чунин мегӯяд».
21 Пойтахти амин чӣ гуна зинокор шудааст!
Вай аз инсоф пур буд,
дар вай адолат сокин буд,
вале алҳол — қотилон!
22 Нуқраи ту ба ғаш табдил ёфтааст;
шароби ту бо об омехта шудааст.
23 Мирони ту худсар шуда,
шарики дуздон гардидаанд;
ҳар яке аз онҳо ришваро дӯст медоранд
ва аз паи бахшишҳо медаванд;
ба ятим додгарӣ намекунанд,
ва даъвои бевазан назди онҳо намеояд.
24 Бинобар ин Худованд, Худованди лашкарҳо,
Неруманди Исроил мегӯяд:
«Ҳой, Ман аз шикасти адуёни Худ қаноат
ҳосил хоҳам кард
ва аз душманони Худ интиқом хоҳам гирифт!
Огоҳӣ додан ва даъват кардан ба тавба.
25 Ва дасти Худро бар ту хоҳам баргардонид,
ва ғашши туро чун дар ишқор тоза хоҳам кард,
ва тамоми нопокии туро дур хоҳам сохт.
26 Ва доварони туро мисли пештара
ва мушовирони туро мисли аввала хоҳам
баргардонид;
пас аз он ту „Шаҳри адолат,
пойтахти амин“ хонда хоҳӣ шуд».
27 Сион ба василаи инсоф наҷот хоҳад ёфт,
ва тавбакунандагонаш — ба василаи адолат.
28 Ва осиёну хатокорон саросар шикаст хоҳанд хӯрд,
ва онҳое ки Худовандро тарк кардаанд,
маҳв хоҳанд шуд.
29 Зеро онҳо аз дарахтони пистае ки шумо орзу
карда будед, хиҷил хоҳанд шуд,
ва аз боғҳое ки шумо баргузида будед, нангин хоҳанд гашт.
30 Зеро шумо мисли дарахти пистае ки баргҳояш
пажмурда шуда бошад,
ва мисли боғе ки об надошта бошад, хоҳед шуд.
31 Ва зӯровар ба пӯстлохи катон,
ва амалаш ба шарорае мубаддал хоҳад
шуд,
ва ҳар дуяшон якҷоя хоҳанд сӯхт,
ва оташкуше нахоҳад буд.
2БОБИ ДУЮМ
Ваъда дар бораи айёми охир.
1 Каломе ки Ишаъё ибни Омӯс дар бораи Яҳудо ва Ерусалим дар рӯъё дидааст.
2 Ва дар айёми охир воқеъ хоҳад шуд,
ки кӯҳи хонаи Худованд
бар сари кӯҳҳо барқарор хоҳад гардид,
ва аз теппаҳо баланд хоҳад шуд,
ва ҳамаи халқҳо сӯи он равона хоҳанд шуд.
3 Ва қавмҳои бисьёр роҳсипор шуда, хоҳанд гуфт:
«Биёед, ба кӯҳи Худованд,
ба хонаи Худои Яъқуб бароем,
то ки Ӯ тариқҳои Худро ба мо таълим диҳад,
ва мо ба роҳҳои Ӯ равона шавем».
Зеро шариат аз Сион,
ва каломи Худованд аз Ерусалим хоҳад баромад.
4 Ва Ӯ дар миёни халқҳо доварӣ хоҳад кард,
ва қавмҳои бисьёрро танбеҳ хоҳад намуд;
ва онҳо шамшерҳои худро ба амочҳо, ва найзаҳои
худро ба досколаҳо табдил хоҳанд дод;
ва халқе бар халқе шамшер нахоҳанд кашид,
ва ҷангро дигар таълим нахоҳанд гирифт.
Пеш аз баракат ҷазо меояд.
5 Эй хонадони Яъқуб! Биеёд, дар нури Худованд
роҳ равем.
6 Зеро Ту қавми Худ, хонадони Яъқубро тарк кардаӣ,
чунки онҳо аз расму оини шарқӣ пур шудаанд,
ва мисли фалиштиён фол мекушоянд,
ва бо зодагони бегонаҳо қонеъ мешаванд.
7 Ва замини вай аз нуқра ва тилло пур шудааст;
ва хазоини вай интиҳо надорад;
ва замини вай аз аспон пур шудааст,
ва аробаҳои вай интиҳо надорад;
8 Ва замини вай аз бутҳо пур шудааст:
онҳо ба амали дастҳои худ,
ба он чи ангуштҳошон сохтааст, саҷда мекунанд.
9 Ва инсон сарпаст,
ва мард залил шудааст;
ва Ту онҳоро нахоҳӣ омурзид!
10 Аз тарси Худованд ва аз шавкати кибриёи Ӯ ба
кӯҳпора дохил шав,
ва худро дар хок пинҳон кун.
11 Чашмони ҳавобаланди инсон залил
ва ғурури мардон паст хоҳад шуд,
ва танҳо Худованд дар он рӯз баланд хоҳад буд.
12 Зеро аз ҷониби Худованди лашкарҳо рӯзест,
ки бар ҳар чизи ҳавобаланд ва мағрур хоҳад омад,
ва бар ҳар чизи сарбаланд,
— ва он паст хоҳад шуд, —
13 Ва бар ҳамаи арзҳои сиҳӣ ва сарбаланди Лубнон,
ва бар ҳамаи булутҳои Бошон,
14 Ва бар ҳамаи кӯҳҳои саркаш,
ва бар ҳамаи теппаҳои сарбаланд,
15 Ва бар ҳар бурҷи баланд,
ва бар ҳар ҳисори мустаҳкам,
16 Ва бар ҳамаи киштиҳои Таршиш,
ва бар ҳамаи зеварҳои назаррабо.
17 Ва ҳавобаландии инсон паст,
ва ғурури мардон залил хоҳад шуд,
ва танҳо Худованд дар он рӯз баланд хоҳад буд.
18 Ва бутҳо тамоман маҳв хоҳад шуд.
19 Ва мардум ба мағораҳои кӯҳпораҳо
ва ба сӯрохҳои хок дохил хоҳанд шуд,
аз сабаби тарси Худованд
ва аз шавкати кибриёи Ӯ,
вақте ки Ӯ бархезад, то заминро вожгун созад.
20 Дар он рӯз инсон бутҳои нуқра ва бутҳои
тиллои худро,
ки барои парастиши худ сохтааст,
ба кӯрмушҳо ва кӯршабпаракҳо хоҳад партофт,
21 То ки мардум ба ғорҳои кӯҳпораҳо
ва ба дутаҳиҳои байни сахраҳо дохил шаванд,
аз сабаби тарси Худованд ва аз шавкати кибриёи Ӯ,
вақте ки Ӯ бархезад, то заминро вожгун созад.
22 Шумо аз инсон, ки нафаси ӯ дар бинии ӯст,
даст кашед,
зеро ки у чӣ чизе ҳисоб меёбад?
3БОБИ СЕЮМ
Доварӣ бар ғурур.
1 Зеро, инак Худованд, Худованди лашкарҳо, мадад ва такьягоҳро аз Ерусалим ва Яҳудо дур хоҳад кард:
ҳар мадади нон ва ҳар мадади обро;
2 Паҳлавон ва марди ҷангӣ,
довар ва набӣ,
ва соҳир ва муршидро;
3 Мирипанҷоҳ ва шариф,
ва мушовир,
ва ҳунарвар ва азоимхонро.
4 Ва амрадонро бар онҳо ба сарварӣ хоҳам дод,
ва кӯдакон бар онҳо ҳукмронӣ хоҳанд кард.
5 Ва қавм гирифтори зулм хоҳанд шуд:
ҳар кас аз дасти каси дигар,
ва ҳар кас аз дасти ёри худ;
амрад ба пир,
ва пастфитрат ба олиҷаноб густохӣ хоҳад кард.
6 Вақте ки касе дар хонаи падараш
ба бародари худ часпида, бигӯяд:
«Ту либосе дорӣ, пас ҳокими мо шав,
ва ин бесарусомонӣ зери дасти ту бошад», —
7 Вай дар он рӯз овози худро баланд карда, хоҳад гуфт:
«Ман наметовонам чорасоз шавам,
зеро ки дар хонаи ман на ноне ҳаст, на либосе;
маро ҳокими қавм таъин накунед».
8 Ба ин минвол Ерусалим бесару сомон шудааст,
ва Яҳудо фурӯ ғалтидааст,
зеро ки забони онҳо ва аъмоли онҳо бар зидди
Худованд аст,
то ки чашмони ҷалоли Ӯро ба хашм оваранд.
9 Ифодаи рӯйҳои онҳо бар зидди худашон
гувоҳӣ медиҳад,
ва онҳо дар бораи гуноҳи худ мисли мардуми
Садӯм ошкоро сухан меронанд,
ва онро пинҳон намедоранд.
Вой бар ҷони онҳо!
Зеро ки худашон ба сари худ бадӣ меоваранд.
10 Ба одил бигӯед, ки ӯ некӣ хоҳад дид,
зеро ки аз самараи аъмоли худ хоҳад хӯрд.
11 Вой бар ҳоли шарир, ки вай бадӣ хоҳад дид,
зеро ки мукофоти амали дастҳои вай ба вай
дода хоҳад шуд.
12 Бар қавми ман кӯдакон зулм мекунанд,
ва занон бар вай салтанат меронанд.
Эй қавми ман! Роҳбаронат туро дар иштибоҳ
меандозанд,
ва самти роҳҳои туро вайрон кардаанд.
13 Худованд барои додгарӣ бархостааст,
ва рост истодааст, то ки қавмҳоро доварӣ намояд.
14 Худованд бо пирони қавми Худ ва бо мирони он
ба мурофиа хоҳад омад:
«Шумо токзорро оташ задаед,
ва он чи аз бенаво ғорат карда шудааст,
дар хонаҳои шумост.
15 Шумо чӣ ҳақ доред, ки қавми Маро мазлум созед,
ва рӯйҳои бенавоёнро поймол кунед?» —
мегӯяд Худованд, Худованди лашкарҳо.
16 Ва Худованд гуфт: «Азбаски духтарони Сион
мағрур шудаанд,
ва гардан барафрохта роҳ мераванд,
ва бо ғамзаҳои чашм ба васваса меандозанд,
бо ишваю ноз мехироманд,
ва зангӯлачаҳои халхолҳоро бар пойҳошон
ҷарангос мезанонанд,
17 Бинобар ин Худованд фарқи сари духтарони
Сионро кал хоҳад кард,
ва Худованд аврати онҳоро бараҳна хоҳад намуд».
18 Дар он рӯз Худованд зебу зинати халхолҳо,
ва пешонабандҳо, ва тавқҳоро нест хоҳад кард;
19 Ва гӯшвораҳо, ва дастпонаҳо, ва рӯйбандҳоро;
20 Ва афсарҳо, ва занҷирҳо, ва камарбандҳо,
ва атрдонҳо, ва тӯморҳоро;
21 Ва ангуштаринҳо, ва ҳалқаҳои биниро;
22 Ва камзӯлҳо, ва ҷомаҳо, ва рӯймолҳо, ва ҳамьёнҳоро;
23 Ва оинаҳо, ва пероҳанҳо, ва дасторҳо, ва ҳиҷобҳоро.
24 Ва дар ивази роиҳаи атр тааффуни рим хоҳад буд;
ва дар ивази камарбанд — арғамчин;
ва дар ивази гесӯи пурпечу хам — калӣ;
ва дар ивази либоси фарох — фӯтае аз палос;
ва дар ивази зебоӣ — тамға.
25 Мардони ту ба шамшер,
ва баҳодурони ту дар ҷанг хоҳанд афтод.
26 Ва дарвозаҳои он нола хоҳад кард
ва мотам хоҳад гирифт,
ва он тиҳӣ гардида, бар замин хоҳад нишаст.
4БОБИ ЧОРУМ
Рӯъёи малакути оянда.
1 Ва дар он рӯз ҳафт зан ба як мард часпида, хоҳанд гуфт: «Нони худро хоҳем хӯрд, ва либоси худро хоҳем пӯшид, фақат номи ту бигзор бар мо хонда шавад, — нанги моро дур кун».
2 Дар он рӯз навдаи Худованд шукӯҳ ва ҷалол, ва меваи замин барои бақияи Исроил кибриё ва шавкат хоҳад буд.
3 Ва ҳар кӣ дар Сион боқӣ ва дар Ерусалим саломат монад, яъне ҳар кӣ дар Ерусалим дар дафтари ҳаёт навишта шавад, муқаддас номида хоҳад шуд.
4 Вақте ки Худованд наҷосати духтарони Сионро бишӯяд, ва хуни Ерусалимро бо рӯҳи доварӣ ва бо рӯҳи сӯзон аз даруни он дур кунад,
5 Он гоҳ Худованд бар тамоми макони кӯҳи Сион ва бар ҷамъомадҳои он абр ва дудро дар рӯз ва дурахши оташи шӯълаварро дар шаб хоҳад офарид, ва бар тамоми ҷалол пардае хоҳад буд.
6 Ва соябоне дар рӯз барои соя аз гармо, ва барои малоз ва паноҳгоҳ аз бод ва борон хоҳад буд.
5БОБИ ПАНҶУМ
Масал дар бораи токзор.
1 Суруди Маҳбуби худро дар бораи токзори Ӯ барои Маҳбуби худ бисароям:
Маҳбуби ман токзоре бар теппаи ҳосилхез дошт.
2 Ва Ӯ замини онро канда, аз сангҳо тоза кард,
ва разҳои ангури лаъл дар он шинонид,
ва бурҷе дар миёнаҷои он бино кард,
ва чархуште низ дар он канд,
ва Ӯ умед дошт, ки ангури хуб меоварад,
валекин ангури бад овард.
3 Ва акнун, эй сокинони Ерусалим ва мардони Яҳудо,
дар миёни Ман ва токзори Ман доварӣ намоед.
4 Барои токзори Ман боз чӣ кор кардан лозим буд,
ки Ман дар он накарда бошам?
Чун умед доштам, ки ангури хуб меоварад,
чаро ангури бад овард?
5 Ва акнун Ман ба шумо эълон менамоям,
ки ба токзори Худ чӣ кор хоҳам кард:
Хорбандашро дур мекунам, ва он хароб хоҳад шуд;
деворашро вайрон мекунам, ва он поймол хоҳад шуд.
6 Ва онро харобазор мегардонам:
на навдаҳояш каллак зада хоҳад шуд,
ва на заминаш канда нарм карда хоҳад шуд,
ва явшон ва хори шутур дар он хоҳад рӯид;
ва ба абрҳо амр мефармоям, ки бар он борон наборонанд.
7 Зеро ки хонадони Исроил токзори Худованди лашкарҳо мебошанд,
ва мардони Яҳудо — ниҳоли дилпазири Ӯ;
ва Ӯ умеди инсоф дошт, ва инак — ноинсофӣ;
адолатро чашм дошт, ва инак — доду фарьёд.
Пешгӯӣ дар бораи шаш мусибати оянда.
8 Эй вой бар онҳое ки хонаро ба хона илова менамоянд,
киштзорро ба киштзор зам мекунанд,
ба тавре ки ҷое боқӣ намемонад;
ва шумо ба танҳоӣ бар замин маскан гирифтаед.
9 Худованди лашкарҳо ба гӯши ман гуфт:
«Ба яқин, хонаҳои бисьёр хароб хоҳад шуд,
хонаҳои бузург ва зебо ғайримаскун хоҳад гардид;
10 Зеро ки даҳ ҷуфт+ 5:10 ҷуфт — андозаи киштзор буд, ки онро як ҷуфт барзагов дар як рӯз шудгор мекард. токзор як бат хоҳад дод,
ва як ҳӯмер+ 5:10 Ҳӯмер — 400 килограмм. тухмӣ як эфа хоҳад овард».
11 Эй вой бар онҳое ки бомдодон бармаҳал бархоста,
аз паи арақ медаванд
ва то бевақтии шаб нишаста, худро бо шароб
оташ медиҳанд!
12 Ва барбат ва уд, ва даф ва най ва шароб
дар базмҳои онҳост;
вале онҳо ба корҳои Худованд назар намекунанд,
ва амали дастҳои Ӯро намебинанд.
13 Бинобар ин қавми ман баногоҳ ҷалои ватан гардидаанд,
ва ашрофи онҳо гирифтори гуруснагӣ мебошанд,
ва авоми онҳо аз ташнагӣ хушк шудаанд.
14 Бинобар ин дӯзах ҳирси худро афзун кардааст,
ва даҳони худро бениҳоят кушодааст;
ва шавкати онҳо, ва хушнӯдии онҳо,
ва ғавғои онҳо, ва ҳар кӣ дар байнашон хушҳол аст,
дар он фурӯ хоҳад рафт.
15 Ва инсон сархам, ва мард залил,
ва чашмони ҳавобаландон паст хоҳад шуд.
16 Ва Худованди лашкарҳо дар доварӣ баланд
хоҳад шуд,
ва Худои Қуддус дар адолат тақдис хоҳад ёфт.
17 Ва гӯсфандон, мисли он ки дар чарогоҳи худ
бошанд, хоҳанд чарид,
ва он чиро, ки дар харобаҳои сарватдорон
боқӣ монда бошад, бегонаҳо хоҳанд хӯрд.
18 Эй вой бар онҳое ки гуноҳро бо арғамчини батолат,
ва хаторо мисли таноби ароба аз паи худ мекашанд,
19 Ва мегӯянд: «Бигзор Ӯ шитоб намуда,
амали Худро тезонад, то онро бубинем;
ва бигзор машварати Қуддуси Исроил наздик шавад
ва биёяд, то онро бидонем»!
20 Эй вой бар онҳое ки бадиро некӣ, ва некиро
бадӣ меноманд,
торикиро рӯшноӣ, ва рӯшноиро торикӣ медонанд,
талхро ширин, ва ширинро талх ҳисоб мекунанд!
21 Эй вой бар онҳое ки дар назари худ хирадманд,
ва дар пеши худ доно мебошанд!
22 Эй вой бар онҳое ки дар нӯшидани шароб баҳодур,
ва дар тайёр кардани машруботи дорувордор
мардони пурзӯр мебошанд,
23 Ки шарирро ба хотири ришва одил медонанд,
вале одилонро аз адолаташон маҳрум мекунанд!
24 Бинобар ин, чунон ки забонаи оташ хасро мехӯрад,
ва хошок дар аланга нест мешавад,
ончунон решаи онҳо пӯсида хок хоҳад шуд,
ва шукуфаи онҳо мисли ғубор барбод хоҳад рафт;
зеро ки онҳо аз шариати Худованди лашкарҳо
нафрат кардаанд,
ва каломи Қуддуси Исроилро хор дидаанд.
25 Бинобар ин ғазаби Худованд бар қавми Ӯ оташ
гирифтааст,
ва Ӯ дасти Худро бар онҳо дароз карда,
онҳоро зарба задааст,
ва кӯҳҳо ба ларза омадааст, ва ҷасадҳои онҳо
дар кӯчаҳо мисли ахлот партофта шудааст;
бо ин ҳама, ғазаби Ӯ фурӯ нанишастааст,
ва дасти Ӯ ҳанӯз дароз аст.
26 Ва ливое барои халқҳои дурдаст хоҳад барафрошт,
ва якеро аз ақсои замин хитоб хоҳад кард,
— ва инак, вай шитоб намуда, ба осонӣ хоҳад омад.
27 Андаруни вай на лакоте хоҳад буд, на заифе;
вай на пинак хоҳад рафт, на хоб хоҳад кард;
ва камарбанди вай аз камараш воз нахоҳад шуд,
ва даволи пойафзолаш канда нахоҳад шуд.
28 Тирҳои вай тез, ва ҳамаи камонҳояш зеҳ
карда шудааст;
сумҳои аспони вай мисли сахра аст, ва чархҳои вай
мисли тундбод.
29 Наъраи вай мисли наъраи модашер аст;
мисли шерони ҷавон наъра мезанад, ва ғурришкунон
сайд мегирад,
ва онро мебарад, ва раҳокунандае нахоҳад буд.
30 Ва дар он рӯз бар ӯ мисли хурӯши баҳр
ғурриш хоҳад кард;
ва кас агар ба замин назар андозад,
инак торикӣ ва тангист,
ва нур дар паси абрҳои сиёҳ тира шудааст.
6БОБИ ШАШУМ
Худованд ба Ишаъё дар ҷалоли Худ зоҳир мешавад.
1 Дар соле ки подшоҳ Узиё вафот кард, Худовандро дидам, ки бар курсии баланд ва олӣ нишаста буд, ва домони Ӯ маъбадро пур карда буд.
2 Сорофиён+ 6:2 Сорофиён — навъе аз малоик. дар гирди Ӯ истода буданд, ки ҳар яке аз онҳо шаш бол дошт: бо дутояш вай рӯи худро мепӯшид, ва бо дутояш пойҳои худро мепӯшид, ва бо дутояш парвоз мекард.
3 Ва яке ба дигаре нидо карда, мегуфт: «Қуддус аст, қуддус аст, қуддус аст Худованди лашкарҳо! Тамоми замин аз ҷалоли Ӯ пур аст!»
4 Ва паҳлудариҳо аз овози нидокунандагон ба ларза омад, ва хона аз дуд пур шуд.
5 Ва ман гуфтам: «Вой бар ман, ки тамом шудам!
Зеро ки ман шахси ҳаромлаб ҳастам,
ва дар миёни қавми ҳаромлаб сукунат дорам,
— ва чашмонам Подшоҳро,
Худованди лашкарҳоро дидааст».
Натиҷаи ин рӯъё; оташи поккунанда.
6 Ва яке аз сорофиён назди ман парида омад, ва дар дасташ ахгаре буд, ки бо оташгирак аз курбонгоҳ гирифта буд,
7 Ва онро ба даҳонам расонда, гуфт: «Инак, ин ба лабҳоят расид, ва гуноҳат дур шуд, ва хатоят кафорат ёфт».
8 Ва ман овози Худовандро шунидам, ки мегуфт: «Ман киро бифиристам? Ва кист, ки барои Мо биравад?» Ва ман гуфтам: «Инак ман ҳозирам, маро бифирист».
Супориши наве ба зиммаи Ишаъё гузошта шуд.
9 Ва Ӯ гуфт: «Бирав, ва ба ин қавм бигӯй:
„Ба шунидан хоҳед шунид, вале нахоҳед фаҳмид,
ва ба дидан хоҳед дид, вале нахоҳед донист“.
10 Дили ин қавм кундфаҳм,
ва гӯшҳошон вазнин,
ва чашмҳошон баста шудааст,
мабодо бо чашмони худ бубинанд,
ва бо гӯшҳои худ бишнаванд,
ва дили онҳо бифаҳмад,
ва руҷӯъ кунанд, ва шифо ёбанд».
11 Ва ман гуфтам: «То ба кай, эй Худованд?»
Ва Ӯ гуфт:
«То даме ки шаҳрҳо валангор шуда,
ғайримаскун гардад,
ва хонаҳо бе одам бимонад,
ва замин ба харобазор табдил ёбад.
12 Ва Худованд одамонро дур хоҳад кард,
ва дар замин харобӣ бисьёр хоҳад шуд.
13 Ва агар даҳьяке дар он боз бимонад,
бори дигар он низ хонавайрон хоҳад шуд;
чунон ки аз дарахти писта ва аз дарахти булут
пас аз буридан решаи онҳо боқӣ мемонад,
ончунон насли муқаддас решаи он хоҳад буд».
7БОБИ ҲАФТУМ
Иттифоқи ҳалокатовари Расин бо Фақаҳ дар айёми подшоҳии Оҳоз.
1 Ва дар айёми Оҳоз ибни Ютом ибни Узиё подшоҳи Яҳудо воқеъ шуд, ки Расин подшоҳи Арам ва Фақаҳ ибни Рамальёҳу подшоҳи Исроил бар зидди Ерусалим баромаданд, то ки бо он ҷанг кунанд, валекин натавонистанд онро забт намоянд.
2 Ва ба хонадони Довуд хабар дода, гуфта шуд: «Арамиён дар хоки Эфроим ӯрду задаанд». Ва дили вай ва дили қавмаш ларзид, чунон ки дарахтони ҷангал аз бод меларзанд.
3 Ва Худованд ба Ишаъё гуфт: «Ту бо писарат Шеорьёшуб ба охири ҷӯи ҳавзи боло, ба роҳи саҳрои гозурон ба истиқболи Оҳоз баро,
4 Ва ба Ӯ бигӯй: худдорӣ намо ва ором бош; натарс, ва дили ту аз ин ду кундаи нимсӯзи пурдуд, яъне аз шиддати ғазаби Расин ва Арам ва писари Рамальёҳу хавотир нашавад.
5 Азбаски Арам, Эфроим ва писари Рамальёҳу дар ҳаққи ту қасди бад карда, мегӯянд:
6 „Бар зидди Яҳудо бароем, ва онро муҳосира карда, ба ҳарос андозем, ва рахна кушода, барои худ забт намоем, ва писари Тобъалро дар вай подшоҳ таъин кунем“, —
7 Бинобар ин Худованд Худо чунин мегӯяд: ин ба амал нахоҳад омад ва иҷро нахоҳад шуд!
8 Зеро ки сари Арам Димишқ аст, ва сари Димишқ — Расин; ва баъд аз шасту панҷ сол Эфроим шикаст хӯрда, дигар қавм нахоҳад шуд.
9 Ва сари Эфроим Сомария аст, ва сари Сомария — писари Рамальёҳу. Агар имонатон устувор набошад, шумо устувор нахоҳед монд».
Аломати бузург: Писари бокира — Имонуил.
10 Ва Худованд суханашро ба Оҳоз давом дода, гуфт:
11 «Барои худ аз Худованд Худои худ аломате талаб намо: онро ё аз умқи фарш талаб намо, ё аз афрози арш».
12 Ва Оҳоз гуфт: «Талаб нахоҳам кард, ва Худовандро имтиҳон нахоҳам намуд».
13 Ва Ишаъё гуфт: бишнавед, эй хонадони Довуд! Оё одамонро безор карданатон барои шумо кам аст, ки боз Худои маро безор мекунед?
14 Бинобар ин Худованд Худаш ба шумо аломате хоҳад дод: инак, бокирае ҳомила хоҳад шуд ва Писаре хоҳад зоид, ва Ӯро Имонуил хоҳад номид.
15 Ӯ қаймоқ ва асал хоҳад хӯрд, то даме ки рад кардани чизи бад ва ихтиёр кардани чизи хубро ёд гирад.
16 Зеро, пеш аз он ки он кӯдак рад кардани чизи бад ва ихтиёр кардани чизи хубро ёд гирад, замине ки аз ду подшоҳи он ту метарсӣ, тарк карда хоҳад шуд.
Пешгӯӣ дар бораи тохтутозе ки ба Яҳудо маҳдид мекунад.
17 Худованд бар ту, ва бар қавми ту, ва бар хонадони падари ту рӯзҳое хоҳад овард, ки аз замоне ки Эфроим аз Яҳудо ҷудо шуд, наомада буд, яъне подшоҳи Ашшурро хоҳад овард.
18 Ва дар он рӯз воқеъ хоҳад шуд, ки Худованд ба магасе ки дар резишгоҳи наҳрҳои Миср аст, ва ба занбӯре ки дар замини Ашшур аст, хитоб хоҳад кард,
19 Ва ҳамаашон омада, дар водиҳои вайрона, ва дар шикофҳои сахраҳо, ва бар ҳамаи хорбӯттаҳо, ва бар ҳамаи чарогоҳҳо ҷойгир хоҳанд шуд.
20 Дар он рӯз Худованд бо устурае ки аз он тарафи наҳр киро карда шуда бошад, яъне ба воситаи подшоҳи Ашшур, мӯйсар ва мӯи пойҳоро хоҳад тарошид; ва ҳатто ришро он устура нест хоҳад кард.
21 Ва дар он рӯз воқеъ хоҳад шуд, ки ҳар кас як ғуноҷин ва ду меш нигоҳ хоҳад дошт,
22 Ва аз бисьёрии шире ки медӯшад, қаймоқ хоҳад хӯрд, зеро ҳар кӣ дар ин замин боқӣ монда бошад, хӯрокаш қаймоқ ва асал хоҳад буд.
23 Ва дар он рӯз воқеъ хоҳад шуд, ки ҳар ҷое ки дар он ҳазор ток ба баҳои ҳазор сиқли нуқра мавҷуд буд, ҷои явшон ва хори шутур хоҳад гардид.
24 Бо тирҳо ва камонҳо мардум ба он ҷо хоҳанд омад, зеро ки тамоми замин аз явшон ва хори шутур пур хоҳад шуд.
25 Ва ба ҳар кӯҳе ки бо каланд кор карда мешуд, ту аз тарси явшон ва хори шутур нахоҳӣ омад: ба он ҷо барзаговонро хоҳанд фиристод, ва гӯсфандон онро поймол хоҳанд кард.
8БОБИ ҲАШТУМ
Тасаллӣ барои имондорон.
Даъват кардан ба имоноварӣ ба Худои Ҳай.
1 Ва Худованд ба ман гуфт: «Варақи калоне барои худ бигир, ва бар он бо хати маъмул бинавис: „Маҳер шолол, ҳош баз“+ 8:1 Ба гирифтани ғанимат мекӯшад, ба тороҷ кардан мешитобад.».
2 Ва ман барои худ шоҳидони амин — Уриёи коҳин ва Закарьё ибни Баракьёро гирифтам,
3 Ва ба набия наздикӣ кардам, ва ӯ ҳомила шуда, писаре зоид; ва Худованд ба ман гуфт: «Номи ӯро чунин бихон: Маҳер‐шолол‐ҳош‐баз;
4 Зеро, пеш аз он ки кӯдак тавонад „Падарам“ ва „Модарам“ бигӯяд, сарвати Димишқ ва ғанимати Сомарияро пеши подшоҳи Ашшур хоҳанд бурд».
5 Ва Худованд суханашро ба ман давом дода, боз гуфт:
6 «Азбаски ин қавм аз обҳои Шилӯаҳ, ки оҳиста‐оҳиста ҷорӣ мешавад, нафрат карда, аз Расин ва писари Рамальёҳу ба ваҷд меоянд,
7 Бинобар ин, инак Худованд обҳои наҳри пурталотум ва бузургро — подшоҳи Ашшур ва тамоми ҳашамати ӯро — бар онҳо хоҳад овард;
ва он аз ҳамаи шохобҳояш боло хоҳад баромад,
ва аз ҳамаи канорҳояш берун хоҳад рафт;
8 Ва туғьёнаш ба Яхудо гузашта, онро зер хоҳад кард,
ва саршор гардида, то ба гардан хоҳад расид;
ва болҳои он тамоми арзу тӯли замини туро,
эй Имонуил, фаро хоҳад гирифт».
9 Талотум хоҳед кард, эй қавмон,
вале шикаст хоҳед хӯрд!
Ва гӯш андозед, эй ҳамаи кишварҳои дурдаст:
камари худро хоҳед баст, вале шикаст хоҳед хӯрд!
Камари худро хоҳед баст, вале шикаст хоҳед хӯрд!
10 Қасд хоҳед кард, вале он ботил хоҳад шуд!
Сухан хоҳед ронд, вале он ба амал нахоҳад омад,
зеро ки Худо бо мост!
11 Зеро Худованд ба ман чунин гуфт, дар сурате ки дасти қавми Ӯ бар ман буд, ва ба ман талқин намуд, ки бо роҳи ин қавм наравам; ва гуфт:
12 «Ҳар он чиро, ки ин қавм суиқасд ҳисоб мекунанд,
шумо суиқасд ҳисоб накунед;
ва аз он чи онҳо метарсанд, натарсед,
ва биме надошта бошед.
13 Худованди лашкарҳоро, — танҳо Ӯро, —
тақдис намоед,
ва Ӯ тарси шумо бошад,
ва Ӯ бими шумо бошад.
14 Ва Ӯ макони муқаддас барои шумо хоҳад буд,
ва санги пешпо ва сахраи монеа —
барои ҳар ду хонадони Исроил,
ва тузоқу қуллоб — барои сокинони Ерусалим.
15 Ва бисьёре аз онҳо пешпо хоҳанд хӯрд,
ва фурӯ хоҳанд ғалтид, ва ба шикаст дучор
хоҳанд гардид,
ва дар тузоқ хоҳанд афтод, ва гирифтори куллоб
хоҳанд шуд.
16 Шаҳодатро мисли лӯлае бипечон, ва шариатро дар миёни шогирдони Ман мӯҳр намо».
17 Ва ман ба Худованде ки рӯи Худро аз хонадони Яъқуб пинҳон кардааст, интизорӣ кашида, умедвори Ӯ хоҳам шуд.
18 Инак ман ва фарзандоне ки Худованд ба ман додааст, аз ҷониби Худованди лашкарҳо, ки дар Сион сокин аст, барои Исроил аломот ва ишорот ҳастем.
19 Ва чун ба шумо гӯянд: «Аз ҷодугарон ва азоимхононе ки суфу куф ва ириму ҷирим мекунанд, дархост намоед», — бигӯед: «Ҳар қавм, охир, аз Худои худ дархост менамоянд, на ин ки ба воситаи мурдаҳо дар бораи зиндаҳо!».
20 Ба шариат ва шаҳодат рӯ оваред! Ба яқин сухане мисли ин хоҳанд гуфт, ки он ҳеҷ маъное надорад.
21 Ва қавм бо машаққат ва гуруснагӣ бар замин хоҳанд гашт; ва чун гурусна монанд, хашмгин шуда, подшоҳи худ ва Худои худро лаънат хоҳанд кард; ва ба боло рӯй хоҳанд овард,
22 Ва бар замин хоҳанд нигарист, ва инак тангӣ ва тирагист, зулмоти нокомист, ва дар торикӣ андохта хоҳанд шуд.
9БОБИ НӮҲУМ
Умеди ягонаи Исроил ба Кӯдак.
1 Зеро вай, ки ба танг меоварад, хастагӣ надорад; дар замони аввал таъсираш сабук буд: фақат замини Забулун ва замини Нафтолиро забт намуд; вале дар замони охир таъсираш бар роҳи дарьё, он тарафи Урдун, Ҷалили халқҳо, вазнин шудааст.
2 Қавме ки дар торикӣ мегаштанд,
нури азиме диданд; бар онҳое ки дар кишвари
сояи марг менишастанд,
нуре дурахшид.
3 Ту халқро афзун гардондӣ,
шодмонии онҳоро зиёд кардӣ:
ба ҳузури Ту шодӣ карданд,
мисли шодмонии мавсими дарав,
мисли касоне ки дар вақти тақсим кардани ғанимат ба ваҷд меоянд,
4 Зеро ки Ту юғи вазнини онҳоро, ва ғӯлачӯберо,
ки бар дӯши онҳо буд,
яъне калтаки ситамгари онҳоро шикастӣ,
чунон ки дар рӯзи Мидьён воқеъ шуда буд.
5 Зеро ки тамоми пойафзоли пурсадои сарбозон
ва тамоми либоси оғуштаи хун сӯхта,
тӯъмаи оташ хоҳад шуд.
6 Зеро ки кӯдаке барои мо таваллуд ёфт,
Писаре ба мо дода шуд,
ва салтанат бар дӯши Ӯ хоҳад буд,
ва номи Ӯ Аҷиб, Мушовир, Худои Ҷаббор,
Падари ҷовид, Мири осоиштагӣ хонда хоҳад шуд.
7 Афзоиши салтанат ва осоиштагии Ӯ
бар тахти Довуд ва бар мамлакати вай
интиҳо нахоҳад дошт,
то ки онро бо инсоф ва адолат,
минбаъд ва то абадулобод барқарор
ва мустаҳкам намояд;
рашки Худованди лашкарҳо инро ба амал
хоҳад овард.
Дасти дарози Худованд; ҷазои ногузири Худо.
8 Худованд каломе ба Яъқуб фиристод,
ва он бар Исроил нузул кард.
9 Ва тамоми қавм хоҳанд донист,
яъне Эфроим ва сокинони Сомария,
ки бо ғурур ва такаббури дил мегӯянд:
10 «Хиштҳо афтодааст,
вале мо бо сангҳои тарошида бино хоҳем кард;
дарахтони тутанҷир бурида шудааст,
вале мо арзҳоро ба ҷои онҳо ба кор хоҳем бурд».
11 Ва Худованд хасми ӯ — Расинро бар зидди ӯ
мустаҳкам хоҳад кард,
ва душманони ӯро хоҳад барангехт:
12 Арамиёнро аз шарқ, ва фалиштиёнро аз ғарб;
ва онҳо Исроилро бо иштиҳои тамом хоҳанд хӯрд;
бо ин ҳама, ғазаби Ӯ фурӯ нанишастааст,
ва дасти Ӯ ҳанӯз дароз аст.
13 Вале ин қавм сӯи Занандаи худ барнагаштаанд,
ва аз Худованди лашкарҳо дархост накардаанд.
14 Бинобар ин Худованд сар ва думро,
нахл ва найро аз Исроил дар як рӯз хоҳад бурид:
15 Муршид ва шариф сар аст;
вале набие ки муаллими дурӯғҳост, дум мебошад.
16 Ва пешвоёни ин қавм онҳоро дар иштибоҳ
хоҳанд андохт,
ва муридонашон дарҳам‐барҳам хоҳанд шуд.
17 Бинобар ин Худованд аз ҷавонони онҳо шод
нахоҳад шуд,
ва бар ятимон ва бевазанони онҳо раҳм
нахоҳад кард,
зеро ки ҳамаашон риёкор ва бадкирдор мебошанд,
ва ҳар даҳоне бо ҳақорат сухан меронад;
бо ин ҳама, ғазаби Ӯ фурӯ нанишастааст,
ва дасти Ӯ ҳанӯз дароз аст.
18 Зеро ки шарорат мисли оташ даргирифтааст,
явшон ва хори шутурро мехӯрад,
ва дар шохаҳои печ дар печи ҷангал месӯзад,
ва сутунҳои баланди дуд печида мебарояд.
19 Аз ғазаби Худованди лашкарҳо замин сӯхта
сиёҳ шудааст,
ва қавм гӯё ки тӯъмаи оташ гардидаанд:
касе ба бародари худ раҳм намекунад.
20 Аз тарафи рост бурида мегиранд, ва гурусна мемонанд,
ва аз тарафи чап мехӯранд, ва сер намешаванд;
ҳар кас гӯшти бозуи худро мехӯрад.
21 Менашше ба Эфроим, ва Эфроим ба Менашше,
ва ҳар ду якҷоя ба Яҳудо ҳамла мекунанд;
бо ин ҳама, ғазаби Ӯ фурӯ нанишастааст,
ва дасти Ӯ ҳанӯз дароз аст.
10БОБИ ДАҲУМ
Вой бар доварони ноинсоф.
1 Эй вой бар қонунгузороне ки ҷафоро
ба ҳукми қонун медароранд;
ва эй вой бар котибоне ки аҳкоми ноинсофона
менависанд,
2 Барои он ки мискинонро аз доварӣ маҳрум созанд,
ва ҳуқуқи мазлумони қавми Маро бирабоянд,
то ки бевазанонро ғанимати худ гардонанд,
ва ятимонро толону тороҷ кунанд!
3 Пас шумо дар рӯзи доварӣ,
ва дар таҳлукае ки аз дурдаст меояд, чӣ хоҳед кард?
Аз кӣ барои мадад паноҳ хоҳед ҷуст?
Ва сарвати худро дар куҷо пинҳон хоҳед кард?
4 Магар ин ки дар миёни бандиён сари таслим
фурӯд оваранд
ва дар миёни мақтулон фурӯ ғалтанд;
бо ин ҳама, ғазаби Ӯ фурӯ нанишастааст,
ва дасти Ӯ ҳанӯз дароз аст.
Пешгӯии доварӣ бар Ашшур. Чӯбдасти Худо бар Сомария.
5 Ҳой, Ашшур, ки чӯбдасти ғазаби Ман аст,
ва қаҳри Ман асоест дар дасти вай!
6 Ман варо ба муқобили халқи риёкор хоҳам фиристод,
ва бар зидди қавми хашмовари Ман
амр хоҳам фармуд,
ки ғанимат бигирад ва ба яғмо бибарад,
ва онҳоро мисли лои кӯчаҳо поймол кунад.
7 Валекин вай ин гуна фикр намекунад,
ва андешаи дили вай чунин нест,
балки дар дили худ ҳавас дорад,
ки халқҳои бисьёрро торумор ва маҳв созад;
8 Зеро ки мегӯяд: «Мирони ман, охир,
саросар подшоҳонанд!
9 Калну, охир, мисли Каркамиш таслим шудааст!
Оё Ҳамот мисли Арфод нест?
Оё Сомария мисли Димишқ нест?
10 Чунон ки дасти ман бар мамлакатҳои бутпараст
зафар ёфтааст,
ва ҳол он ки санамҳошон аз санамҳои Ерусалим
ва Сомария зиёдтар буд,
11 Чунон ки, охир, бо Сомария ва бутҳояш амал
кардаам,
ончунон бо Ерусалим ва ҳайкалҳояш амал
хоҳам кард».
12 Ва воқеъ хоҳад шуд, баъд аз он ки Худованд тамоми амали Худро бар кӯҳи Сион ва дар Ерусалим анҷом диҳад, Ӯ хоҳад гуфт: «Ман лофу газофи дили пурғурури подшоҳи Ашшур ва нигоҳи ҳавобаландонаи чашмони варо ба ҷазо гирифтор хоҳам кард».
13 Зеро ки вай мегӯяд:
«Бо қуввати дасти худ ва бо ҳикмати худ
ин корро кардам,
чунки хирадманд ҳастам;
ва ҳудуди қавмонро аз миён бардоштам,
ва хазоини онҳоро толону тороҷ намудам,
ва мисли баҳодуре бар тахт нишастагонро
вожгун сохтам;
14 Ва дасти ман сарвати қавмонро мисли лонае
гирифтааст,
ва мисли он ки тухмҳои дар лона бударо чида
мегиранд, ман тамоми заминро чида гирифтам,
ва ҷонваре набуд, ки бол ҷунбонад, ва даҳон
кушояд, ва чириқ‐чириқ кунад».
15 Оё табар бар касе ки бо он мешиканад, ғурур хоҳад кард?
Оё арра бар касе ки онро мекашад, фахр
хоҳад намуд?
Гӯё ки чӯбдаст баландкунандаи худро
ба ҳаракат меоварда бошад!
Гӯё ки асо он чиро, ки чӯб нест, баланд
мекарда бошад!
16 Бинобар ин Худованд, Худованди лашкарҳо,
ба фарбеҳони вай лоғарӣ хоҳад фиристод,
ва дар ивази ҷалоли вай сӯхторе мисли
сӯхтани оташ барафрӯхта хоҳад шуд.
17 Ва Нури Исроил оташ, ва Қуддуси он аланга
хоҳад шуд.
ва явшону хори шутури варо дар як рӯз
сӯзонида, хоҳад хӯрд;
18 Ва ҷалоли ҷангали варо, ва боғистони варо,
аз ҷон то ҷисм, маҳв хоҳад кард;
ва он мисли ранҷуре обу адо хоҳад шуд.
19 Ва бақияи дарахтони ҷангали вай он қадар
камшумор хоҳад буд,
ки кӯдаке онҳоро ба рӯйхат тавонад гирифт.
Рӯъёи бақияи Исроил, ки аз андӯҳи бузурге наҷот ёфтааст.
20 Ва дар он рӯз воқеъ хоҳад шуд, ки бақияи Исроил ва растагорони хонадони Яъқуб дигар ба занандаи худ эътимод нахоҳанд кард, балки ба Худованд, ки Қуддуси Исроил аст, аз сидқи дил таваккал хоҳанд намуд.
21 Бақия хоҳад баргашт: бақияи Яъқуб — сӯи Худои Ҷаббор.
22 Зеро, ҳарчанд қавми ту, эй Исроил,
мисли реги дарьё бошанд ҳам,
фақат бақияе аз онҳо хоҳад баргашт:
ҳалокате ки муқаррар гардидааст,
аз рӯи адолат ба амал хоҳад омад.
23 Зеро ки Худованд, Худованди лашкарҳо, ҳалокати муқарраргардидаро бар тамоми замин ба амал хоҳад овард.
24 Бинобар ин Худованд, Худованди лашкарҳо, чунин мегӯяд: «Эй қавми Ман, ки дар Сион сокин ҳастед! Аз Ашшур натарсед; вай бо чӯбдаст шуморо хоҳад зад, ва мисли Миср асои худро бар шумо хоҳад бардошт.
25 Вале баъд аз замони бағоят каме ғазаби Ман фурӯ хоҳад нишаст, ва хашми Ман ба маҳв кардани онҳо нигаронида хоҳад шуд.
26 Ва Худованди лашкарҳо бар вай тозиёна хоҳад бардошт, мисли зарбаи Мидьён бар кӯҳпораи Ӯреб; ва асои Ӯ бар баҳр хоҳад буд, ва онро баланд хоҳад кард, чунон ки бар Миср баланд карда буд.
27 Ва дар он рӯз воқеъ хоҳад шуд, ки бори вай аз дӯши ту, ва юғи вай аз гардани ту нест хоҳад шуд; ва юғ ба сабаби чарб зиён хоҳад дид».
Дар бораи ҳарбу зарби бузург.
28 Вай ба Айёт расид;
аз Маҷрун гузашт;
захоири худро дар Михмос монд.
29 Аз маъбар гузаштанд;
дар Ҷабъ манзил карданд;
аҳли Рома ба ҳарос афтоданд;
аҳли Ҷабъаи Шоул рӯй ба гурез оварданд.
30 Бо овози худ фиғон бардор, эй духтари Ҷалим!
Гӯш андоз, эй Лайшо! Ҷавоб гардон, эй Анотӯт!
31 Аҳли Мадмено гурехтанд,
сокинони Ҷебим сӯи паноҳгоҳ шитофтанд.
32 Худи имрӯз вай дар Нӯб мавқеъ мегирад;
ба кӯҳи духтари Сион, ба теппаи Ерусалим
дасти тааддӣ дароз мекунад.
33 Инак, Худованд, Худованди лашкарҳо,
бо қуввати саҳмгине шоху баргҳоро
парешон хоҳад кард,
ва баландқоматон бурида хоҳанд шуд,
ва олимақомон вожгун хоҳанд гардид.
34 Ва шохаҳои печ дар печи ҷангалро бо оҳан
қатъ хоҳад кард,
ва Лубнон аз дасти неруманд фурӯ хоҳад ғалтид.
11БОБИ ЁЗДАҲУМ
Масеҳ Малакути осоиштагӣ барпо намуда, парокандагонро ҷамъ хоҳад кард.
1 Ва навдае аз танаи Йисой берун хоҳад омад,
ва ниҳоле аз решаҳояш сабзида, бор хоҳад овард.
2 Ва бар Ӯ Рӯҳи Худованд,
рӯҳи ҳикмат ва хирад,
рӯҳи машварат ва қудрат,
рӯҳи шинохтани Худованд ва тарси Ӯ
қарор хоҳад гирифт.
3 Ва рӯҳи худотарсӣ Ӯро пур хоҳад кард,
ва Ӯ на бар тибқи нигоҳи чашмонаш
доварӣ хоҳад намуд,
ва на аз рӯи шуниди гӯшҳояш ҳукм хоҳад кард,
4 Балки мискинонро бо адолат доварӣ хоҳад кард,
ва мазлумони заминро бо росткорӣ ҳукм хоҳад намуд;
ва бо чӯбдасти даҳонаш заминро зарба хоҳад зад,
ва бо дами лабҳояш шарирро хоҳад кушт.
5 Ва адолат миёнбанди камараш,
ва садоқат камарбанди миёнаш хоҳад буд.
6 Ва гург бо барра зиндагӣ хоҳад кард,
ва паланг бо бузғола хоҳад хобид;
ва гӯсола ва шербача ва парворӣ бо ҳам хоҳанд буд,
ва кӯдаки хурде онҳоро хоҳад чаронид.
7 Ва гов бо хирс хоҳад чарид,
ва бачаҳои онҳо бо ҳам хоҳанд хобид;
ва шер мисли гов коҳ хоҳад хӯрд.
8 Ва бачаи ширмак бар сӯрохи мори гурза
бозӣ хоҳад кард,
ва кӯдаки аз пистон баромада дасти худро
ба хонаи мори афъӣ дароз хоҳад кард.
9 Дар тамоми кӯҳи муқаддаси Ман
бадӣ нахоҳанд кард ва осебе нахоҳанд расонид,
зеро замин аз шинохтани Худованд пур хоҳад буд,
мисли он ки баҳр пур аз обҳост.
10 Ва дар он рӯз воқеъ хоҳад шуд,
ки решаи Йисой ливое барои қавмҳо хоҳад
гардид, — халқҳо ба ӯ рӯ хоҳанд овард,
ва осоиштагӣ ҷалоли ӯ хоҳад буд.
11 Ва дар он рӯз воқеъ хоҳад шуд,
ки Худованд дубора дасти Худро дароз хоҳад кард,
то ки бақияи қавми Худро,
ки аз Ашшур ва Миср, аз Патрос ва Ҳабаш,
аз Элом ва Шинъор ва аз Ҳамот
ва ҷазираҳои баҳр саломат монда бошанд,
баргардонад.
12 Ва Ӯ ливое барои халқҳо барафрошта,
рондашудагони Исроилро ҷамъ хоҳад кард,
ва парокандагони Яҳудоро
аз чор канори дуньё фароҳам хоҳад овард.
13 Ва ҳасади Эфроим нест хоҳад шуд,
ва душманони Яҳудо маҳв хоҳанд гардид.
Эфроим аз Яҳудо ҳасад нахоҳад хӯрд,
ва Яҳудо Эфроимро ба танг нахоҳад овард.
14 Ва онҳо якҷоя бар китфи фалиштиён ба ғарб
ҳуҷум хоҳанд овард,
аҳли шарқро тороҷ хоҳанд кард,
бар Эдӯм ва Мӯоб дасти худро хоҳанд гузошт,
ва банӣ‐Аммӯн ба онҳо тобеъ хоҳанд шуд.
15 Ва Худованд халиҷи баҳри Мисрро хоҳад хушконид,
ва дасти Худро бо боди шадиди Худ бар наҳр
афшонда,
онро ба ҳафт ҷӯй тақсим хоҳад кард,
ва одамонро бо роҳи хушк хоҳад гузаронид.
16 Ва барои бақияи қавми Ӯ,
ки аз Ашшур саломат монда бошанд,
шоҳроҳе мавҷуд хоҳад буд,
чунон ки барои Исроил дар рӯзи берун
омадани вай аз замини Миср мавҷуд буд.
12БОБИ ДУВОЗДАҲУМ
Суруди ҳамду санои наҷотьёфтагон.
1 Ва дар он рӯз хоҳӣ гуфт:
«Туро, эй Худованд, ҳамд мегӯям,
зеро ки ҳарчанд бар ман ғазаб кардӣ,
аммо ғазабат фурӯ нишаст,
ва маро тасаллӣ додӣ.
2 Инак, Худо наҷоти ман аст:
ман ба Ӯ таваккал мекунам, ва наметарсам,
зеро ки қуввати ман ва суруди ман Худованд Худост,
ва Ӯ наҷоти ман гардидааст».
3 Ва бо шодмонӣ
аз чашмаҳои наҷот об хоҳед кашид.
4 Ва дар он рӯз хоҳед гуфт:
«Худовандро ҳамд гӯед, исми Ӯро бихонед;
корҳои Ӯро дар миёни қавмон хабар диҳед;
зикр намоед, ки исми Ӯ олист.
5 Худовандро бисароед, зеро ки Ӯ
корҳои бузург кардааст;
ин дар тамоми замин маълум аст.
6 Ба ваҷд ой ва бисарой, эй сокинаи Сион,
зеро ки Қуддуси Исроил андаруни ту бузург аст».
13БОБИ СЕЗДАҲУМ
Нубувват дар бораи Бобил дар рӯзи Худованд иҷро хоҳад шуд.
1 Ваҳй дар бораи Бобил, ки онро Ишаъё ибни
Омӯс дидааст.
2 Бар кӯҳи бараҳна ливое бардоред,
бо овози баланд онҳоро даъват намоед
ва бо даст ишора кунед,
то ки сӯи дарвозаҳои мирон биёянд.
3 Ман ба муқаддасони Худ амр фармудам,
ва ин зӯроварони Худро,
ки бо кибриёи Ман ваҷд мекунанд,
ба рехтани ғазабам даъват намудам.
4 Садои ҳаёҳу дар кӯҳҳо
мисли ғиреви қавми сершумор аст;
садои ғавғои мамлакатҳо
ва халқҳоест, ки ҷамъ омадаанд:
Худованди лашкарҳо сипоҳи ҷангиро
аз назар мегузаронад.
5 Онҳо аз замини дурдаст,
аз ақсои осмон меоянд,
— яъне Худованд ва олоти ғазаби Ӯ, —
то ки тамоми заминро несту нобуд кунанд.
6 Вовайло кунед, зеро ки рӯзи Худованд наздик аст:
мисли таҳлукае аз ҷониби Қодир меояд.
7 Бинобар ин ҳамаи дастҳо суст мешавад,
ва ҳамаи дилҳои мардум бемаҷол мегардад,
8 Ва онҳоро воҳима мегирад,
ба дарду озорҳо гирифтор мешаванд,
мисли зане ки мезояд, азоб мекашанд,
ба якдигар бо ҳайрат нигоҳ мекунанд,
рӯйҳошон аз ҳаяҷон шӯълавар аст.
9 Инак рӯзи Худованд меояд,
ки рӯзи бераҳм ва пур аз шиддати хашм ва
ғазаб аст,
то ки заминро харобазор гардонад,
ва гуноҳкорони онро маҳв намояд.
10 Зеро ки ситорагони осмон ва сайёраҳои он
аз худ рӯшноӣ нахоҳанд дод;
офтоб дар вақти тулӯи худ хира хоҳад шуд,
ва моҳ бо рӯшноии худ нахоҳад дурахшид.
11 Ва Ман дуньёро барои шарорат,
ва шариронро барои гуноҳҳошон
ба ҷазо гирифтор хоҳам кард,
ва ба кибри бадқасдон хотима хоҳам дод,
ва ғурури мустабидонро ба залолат хоҳам андохт.
12 Инсонро аз зари холис,
ва одамро аз тиллои Ӯфир азизтар хоҳам гардонид.
13 Бинобар ин осмонро ба ларза хоҳам овард,
ва замин аз ғазаби Худованди лашкарҳо
дар рӯзи шиддати хашми Ӯ
аз ҷои худ хоҳад ҷунбид.
14 Ва ҳар кас мисли оҳуе ки гирифтори таъқиб
шуда бошад,
ва мисли гӯсфандоне ки чӯпон надошта бошанд,
ба сӯи қавми худ рӯ хоҳад овард,
ва ҳар кас ба сӯи замини худ хоҳад давид.
15 Ҳар касе ки ёфт шавад, найза хоҳад хӯрд,
ва ҳар касе ки дастгир шавад, аз дами шамшер
хоҳад афтод.
16 Ва кӯдакони онҳо дар пеши назари онҳо
ба деворҳо зада кушта хоҳанд шуд,
хонаҳои онҳо тӯъмаи тороҷ хоҳад гардид,
ва ба номӯси занони онҳо таҷовуз карда хоҳад шуд.
Дар бораи хароб шудани Бобил.
17 Инак, Ман ба муқобили онҳо аҳли Модайро
хоҳам барангехт,
ки нуқраро писанд намекунанд, ва ба тилло
рағбат надоранд.
18 Ва камонҳошон кӯдаконро нобуд хоҳад кард,
ва ба самараи батн раҳм нахоҳад дошт;
чашмонашон ба кӯдакон шафаққат нахоҳад намуд.
19 Ва Бобил, ки шукӯҳи мамлакатҳо
ва шавкати ифтихори калдониён аст,
мисли Садӯм ва Амӯро хоҳад шуд,
ки онҳоро Худо вожгун карда буд.
20 Вай ҳаргиз обод нахоҳад шуд, ва то абад
маскун нахоҳад гардид;
ва аъробӣ дар он ҷо хайма нахоҳад зад,
ва чӯпонон рамаҳои худро дар он ҷо нахоҳанд
хобонид,
21 Балки даррандагони биёбон дар он ҷо хоҳанд хобид;
ва хонаҳои он аз бумҳо пур хоҳад шуд;
ва шутурмурғон дар он ҷо сукунат хоҳанд
дошт; ва ҷинҳои биёбонӣ дар он ҷо рақс
хоҳанд кард.
22 Ва шағолон дар кӯшкҳои он,
ва кафторон дар тамошогоҳҳо нула хоҳанд кашид;
ва замони он наздик аст,
ва рӯзҳояш дер нахоҳад кашид.
14БОБИ ЧОРДАҲУМ
Аз нав барқарор шудан ва бузургӣ ёфтани салтанати Исроил.
1 Зеро ки Худованд ба Яъқуб раҳм хоҳад кард, ва Исроилро боз хоҳад баргузид, ва онҳоро дар заминашон ҷойгир хоҳад кард; ва аҷнабиён ба онҳо ҳамроҳ шуда, ба хонадони Яъқуб хоҳанд пайваст.
2 Ва қавмон онҳоро гирифта, ба маконашон хоҳанд овард, ва хонадони Исроил онҳоро дар замини Худованд ҳамчун ғуломон ва канизон ба тасарруфи худ хоҳанд даровард, ва асиркунандагони худро асир карда, бар ситамгарони худ ҳукмронӣ хоҳанд кард.
3 Ва дар рӯзе ки Худованд туро аз андӯҳат ва аз изтиробат ва аз меҳнати сахте ки маҷбуран ба ҷо меовардӣ, бираҳонад, чунин воқеъ хоҳад шуд,
4 Ки ту ин масалро бар подшоҳи Бобил зада, бигӯӣ:
чӣ гуна он ситамгар маҳв шуд,
ва он зулм барҳам хӯрд!
5 Худованд асои шарирон
ва чӯбдасти ҳокимонро шикаст,
6 Ки он бо ғазаб қавмонро зарбаҳои паёпай мезад,
ва бар халқҳо бо хашм, бо таъқиботи муттасил
ҳукмронӣ мекард.
7 Тамоми замин ором ёфта, фароғат менамояд;
ба тараннум овоз баланд мекунанд.
Ҳайвони дарранда ба дӯзах сарнагун шуд.
8 Сарвҳо низ дар ҳаққи ту шодӣ мекунанд,
ва арзҳои Лубнон мегӯянд:
«Аз замоне ки ту фурӯ ғалтидаӣ,
дарахтбуре ба сари мо наомадааст».
9 Асфалуссофилин аз барои ту
музтариб шудааст, то ки туро
ҳангоми омаданат истиқбол намояд;
арвоҳи мурдагонро, ҳамаи пешвоёни дуньёро
барои ту бедор кардааст;
ҳамаи подшоҳони халқҳоро аз тахтҳошон
бархезонидааст;
10 Ҳамаашон ба ту хитоб намуда, хоҳанд гуфт:
«Ту низ мисли мо бемаҷол шудаӣ!
Монанди мо гардидаӣ!»
11 Кибриёи ту, садои барбатҳои ту
ба дӯзах фурӯд омадааст;
дар таги ту кирмҳо густурда шудааст,
ва болопӯши ту кирмҳост.
12 Эй зӯҳраи субҳидам,
чӣ гуна аз осмон афтодаӣ!
Эй, ки халқҳоро поймол мекардӣ,
чӣ гуна ба замин бархӯрдаӣ!
13 Ва ҳол он ки ту дар дили худ мегуфтӣ:
«Ман ба осмон сууд карда,
курсии худро болотар аз ситорагони Худо хоҳам гузошт,
ва бар кӯҳи анҷумани худоён,
дар ақсои шимол хоҳам нишаст;
14 Бар баландиҳои абрҳо сууд намуда,
монанди Ҳаққи Таоло хоҳам шуд».
15 Аммо ту ба дӯзах,
ба ақсои асфалуссофилин сарнагун хоҳӣ шуд.
16 Онҳое ки туро мебинанд, ба ту назар дӯхта
ва дар ҳаққи ту фикру хаёл карда, хоҳанд гуфт:
«Оё ин ҳамон кас аст, ки заминро ба ҷунбиш меовард,
мамлакатҳоро ба ларза меандохт,
17 Дуньёро мисли биёбон гардонид,
ва шаҳрҳои онро хароб мекард,
ва асирони худро ба хонаҳошон ҷавоб намедод?»
Доварӣ бар Бобил.
18 Ҳамаи подшоҳони халқҳо саросар,
ҳар яке дар оромгоҳи худ бо ҷалол хобидаанд,
19 Валекин ту берун аз қабри худ
мисли шохаи зиште партофта шудаӣ,
— мисли либоси мақтулоне ки шамшер хӯрда,
дар миёни сангҳои хандак фурӯ рафта бошанд,
мисли ҷасаде ки поймол шуда бошад.
20 Ту бо онҳо дар қабр нахоҳӣ пайваст,
зеро ки ту замини худро хароб кардаӣ,
қавми худро куштаӣ;
насли бадкешон то абад зикр нахоҳад ёфт.
21 Барои писарони вай,
ба сабаби гуноҳи падарашон, қатлро муҳайё намоед,
то ки қиём накунанд, ва заминро мусаххар накунанд
ва рӯи дуньёро аз шаҳрҳо пур насозанд.
22 «Ва Ман бар зидди онҳо қиём хоҳам намуд, — мегӯяд Худованди лашкарҳо, — ва номи Бобил ва бақияи онро: ҳам писар ва ҳам набераро маҳв хоҳам кард», — мегӯяд Худованд.
23 «Ва онро мероси хорпуштҳо ва ботлоқзор хоҳам гардонид, ва онро бо ҷорӯби ҳалокат хоҳам рӯфт», — мегӯяд Худованди лашкарҳо.
24 Худовани лашкарҳо қасам хӯрда, мегӯяд: «Ба яқин, чунон ки салоҳ дидаам, ончунон хоҳад шуд, ва чунон ки қарор додаам, ончунон ба амал хоҳад омад:
25 Ашшурро дар замини Худ шикаст хоҳам дод, ва бар кӯҳҳои Худ поймол хоҳам кард; ва юги вай аз гардани онҳо дур хоҳад шуд, ва бори вай аз дӯши онҳо нест хоҳад шуд».
26 Чунин аст қароре ки дар бораи тамоми дуньё қабул гардидааст, ва ин аст дасте ки бар ҳамаи халқҳо дароз карда шудааст.
27 Зеро ки Худованди лашкарҳо қарор додааст, ва кист, ки онро тавонад ботил намояд? Ва дасти Ӯ дароз карда шудааст, ва кист, ки онро тавонад баргардонад?
28 Дар соле ки подшоҳ Оҳоз вафот кард, ин ваҳй омадааст:
29 Эй тамоми замини Фалиштӣ, шодӣ накун,
ки чӯбдасте ки туро мезад, шикастааст;
зеро ки аз решаи мор афъӣ мебарояд,
ва самараи он — аждаҳои паррон хоҳад буд.
30 Ва мардуми бағоят бенаво ба серӣ хоҳанд хӯрд,
ва мискинон дар амният хоҳанд хобид;
вале решаи туро бо гуруснагӣ нобуд хоҳам кард,
ва бақияи туро ӯ хоҳад кушт.
31 Эй дарвоза, вовайло намо! Эй шаҳр, фарьёд зан!
Эй тамоми замини Фалиштӣ, аз ҳам пош хоҳӣ хӯрд!
Зеро ки аз шимол дуд меояд,
ва аз ӯрдуи онҳо як нафар ҳам қафо нахоҳад монд.
32 Пас, ба қосидони ин халқ ӯ чӣ ҷавобе хоҳад дод?
Ин ки Худованд Сионро буньёд кардааст,
ва мискинони қавми Ӯ дар он паноҳ хоҳанд бурд.
15БОБИ ПОНЗДАҲУМ
Нубувват дар бораи Мӯоб.
1 Ваҳй дар бораи Мӯоб.
Ҳайҳот, ки дар як шаб Ор хароб гардида,
аҳли Мӯоб нобуд шудаанд!
Ҳайҳот, ки дар як шаб Қир хароб гардида,
аҳли Мӯоб нобуд шудаанд!
2 Мардуми он ба буткада,
ва аҳли Дивӯн ба минбарҳо барои гиристан баромадаанд;
Мӯоб ба ҳоли Набӯ ва Медбо вовайло мекунад;
мӯйсари ҳама гирифта шудааст, риши ҳама
тарошида шудааст.
3 Дар кӯчаҳои он мардум бар камари худ палос
бастаанд;
бар бомҳои он ва дар майдонҳои он ҳама
вовайло мекунанд,
зор‐зор мегирьянд.
4 Ва Ҳешбӯн ва Элъоле фиғон мекашанд;
овозашон то Ёҳас шунида мешавад;
бинобар ин ҷанговарони Мӯоб низ навҳа мекунанд;
ҷони онҳо андарунашон меларзад.
5 Дили ман ба ҳоли Мӯоб фиғон мекашад:
гурезаҳои он то ба Сӯор ва Эҷлот‐Илишиё расидаанд.
Ҳайҳот, ки ба фарози Луҳит гирьякунон мебароянд,
ва дар аснои роҳи Ҳӯрӯноим доду фарьёди
ҷонгудозе мебароранд!
6 Ҳайҳот, ки обҳои Нимрим тамом шудааст,
чаманзор хушкидааст, наботот талаф гардидааст,
сабзае боқӣ намондааст!
7 Бинобар ин сарвати андӯхтаи худ
ва пасандозҳои худро ба он соҳили наҳри
Аровим мебаранд.
8 Ҳайҳот, ки ҳудуди Мӯобро фигон фаро гирифтааст!
Вовайлои он то Эҷлоим аст, вовайлои он
то Беэр‐Элим аст.
9 Ҳайҳот, ки оби Димон аз хун пур шудааст!
Ва Ман бар Димон боз балоҳо хоҳам овард:
бар гурезаҳои Мӯоб ва бар боқимондагони
заминаш шерро хоҳам овард.
16БОБИ ШОНЗДАҲУМ
Давоми нубувват.
1 Гӯсфандони парвориро барои ҳокими замин
аз Салъ бо роҳи биёбон ба кӯҳи духтари Сион
бифиристед.
2 Ва духтарони Мӯоб назди маъбарҳои Арнӯн
мисли мурғи оворае ки аз лонааш ронда шуда
бошад, хоҳанд буд.
3 «Машварат бидеҳ, додгарӣ бикун,
сояи худро пешингоҳон мисли шаб бар мо биафкан,
рондашудагонро пинҳон намо, оворагонро
таслим накун.
4 Бигзор мӯобиёни рондашудаи ман назди ту
маскан гиранд:
барои онҳо аз дасти тороҷгар паноҳгоҳ бош,
то даме ки золим нест шавад, тороҷ хотима ёбад,
ва ситамгарон аз рӯи замин маҳв гарданд.
5 Ва бигзор тахт бо марҳамат устувор бошад,
ва бар он дар хаймаи Довуд доваре
дар садоқат нишинад,
ки толиби инсоф
ва роғиби адолат бошад».
6 Дар бораи ғурури Мӯоб, ки вай бағоят мағрур аст,
дар бораи кибр ва ғурур ва хашми вай шунидаем:
лофу газофи вай пуч аст.
Вовайлои духтарони Мӯоб.
7 Бинобар ин аҳли Мӯоб ба ҳоли Мӯоб вовайло
мекунанд, саросар вовайло мекунанд.
Ба ёди кулчаҳои мавизии Қир‐Ҳарешет
аз дили пурхун нолиши ҷонсӯз хоҳед кард!
8 Киштзорҳои Ҳешбӯн хароб шудааст, токзори
Сибмо низ:
ҳокимони халқҳо разҳои онро шикастаанд,
ки то Яъзир расида, дар биёбон паҳн шуда буд;
навдаҳои он вусъат ёфта, ба тарафи баҳр гузашта буд.
9 Бинобар ин ман ҳамроҳи Яъзир ба ҳоли
токзори Сибмо гирья мекунам;
шуморо, эй Ҳешбӯн ва Элъоле, бо ашкҳои худ
сероб менамоям,
зеро ки бар ғунучини меваи тобистони ту
ва бар мавсими ангуркании ту гулбонг афтодааст.
10 Ва аз саҳроҳо хурсандӣ ва сурур барҳам хӯрдааст
ва дар токзорҳо садоҳои тараннум ва шодмонӣ
шунида намешавад;
токдоре ангурро дар чархуштҳо пахш намекунад:
гулбонги шодиро Ман барҳам додаам.
11 Бинобар ин амъои ман ба ҳоли Мӯоб,
ва ботини ман ба ҳоли Қир‐Ҳарешет
мисли барбат нолиш мекунад.
12 Ва ҳарчанд Мӯоб ҳозир шуда,
бар минбарҳо заҳмат кашад
ва ба макони муқаддаси худ барои дуо биёяд,
манфиате нахоҳад дид.
13 Ин аст каломе ки Худованд дар ҳаққи Мӯоб
аз қадимулайём гуфтааст.
14 Ва алҳол Худованд чунин мегӯяд:
«Баъд аз се сол, мисли солҳои муздур,
ҷалоли Мӯоб бо тамоми оммаи сершумори он
ба залолат хоҳад афтод, ва бақияи он
бағоят хурд ва беқувват хоҳад буд».
17БОБИ ҲАФДАҲУМ
Пешгӯӣ дар бораи Димишқ ва Исроил.
1 Ваҳй дар бораи Димишқ.
Инак, Димишқ аз миёни шаҳрҳо маҳв гардида,
ғарами харобаҳо хоҳад шуд.
2 Шаҳрҳои Арӯэр тарк карда хоҳад шуд,
— маконе барои рамаҳо хоҳад гардид, ва онҳо
дар он ҷо хоҳанд хобид,
ва касе нахоҳад буд, ки онҳоро хӯсонад.
3 Ва ҳисор аз Эфроим барҳам хоҳад хӯрд,
ва салтанат аз Димишқ
ва аз бакияи Арам;
ҳолашон мисли ҷалоли банӣ‐Исроил хоҳад буд,
— мегӯяд Худованди лашкарҳо.
4 Ва дар он рӯз воқеъ хоҳад шуд,
ки ҷалоли Яъқуб заиф гардида,
фарбеҳии баданаш ба лоғарӣ табдил хоҳад ёфт;
5 Ва мисли он хоҳад буд, ки даравгар пояҳоро
ҷамъ мекунад,
ва дасташ хӯшаҳоро медаравад;
ва мисли он хоҳад буд,
ки дар водии Рафоим хӯшаҳоро мечинанд;
6 Ва мисли меваҳое ки бар дарахти зайтун
баъд аз зада афшондани он боқӣ мемонад,
дар ӯ ду‐се донае бар сари шохаи баландаш,
ва чор‐панҷ донае бар навдаҳои боровараш
боқӣ хоҳад монд,
— мегӯяд Худованд, Худои Исроил.
7 Дар он рӯз инсон ба Офаринандаи худ
рӯй хоҳад овард,
ва чашмонаш сӯи Қуддуси Исроил дӯхта хоҳад шуд;
8 Ва ӯ ба қурбонгоҳҳое ки бо дастҳои худ
бино кардааст, рӯй нахоҳад овард,
ва ба он чи ангуштҳои ӯ сохтааст,
яъне ба бутҳои Ашера ва Ҳамон назар нахоҳад кард.
9 Дар он рӯз шаҳрҳои истеҳкомдори он
мисли харобаҳое хоҳад шуд, ки дар ҷангалҳо
ва бар қуллаҳои кӯҳ воқеъ аст, ва онҳоро
пеши банӣ‐Исроил тарк карда буданд;
ва он ба харобазор табдил хоҳад ёфт.
10 Зеро ки ту Худои наҷоти худро фаромӯш кардӣ,
ва кӯҳпораи паноҳгоҳи худро ба ёд наовардӣ;
бинобар ин ту ниҳолҳои дилпазир шинондӣ,
ва қаламчаҳои бегонаро кишт кардӣ.
11 Дар рӯзе ки ниҳол шинондӣ, онҳоро
сабзу хуррам гардондӣ,
ва саҳаргоҳон кишти худро шукуфондӣ,
аммо ҳосилаш дар рӯзи беморӣ
ва дарди бедармон барбод хоҳад рафт.
12 Эй вой аз ғиреви қавмони бисьёр,
ки мисли ғалаёни баҳрҳо талотум мекунанд!
Ва аз хурӯши қабилаҳо,
ки мисли хурӯши обҳои азим мехурӯшанд!
13 Қабилаҳо мисли хурӯши обҳои азим мехурӯшанд;
вале Ӯ ба онҳо итоб намуд, ва онҳо
ба ҷойҳои дур гурехтанд,
ва мисли коҳрезае аз бод бар кӯҳҳо ронда шуданд,
ва мисли ғуборе аз гирдбод.
14 Шомгоҳ — ва инак даҳшат аст,
вале пеш аз субҳидам он нест мешавад.
Чунин аст насиби тороҷгарони мо,
ва қисмати харобкунандагони мо.
18БОБИ ҲАЖДАҲУМ
Вой бар заминҳое ки дар он тарафи наҳрҳои Ҳабаш воқеъ аст.
1 Эй вой бар замини пур аз садои болҳои малах,
ки дар он тарафи наҳрҳои Ҳабаш воқеъ аст,
2 Ва элчиёнашро бо роҳи баҳр,
ва дар киштиҳои бардӣ бар рӯи об мефиристад!
Эй қосидони тезрав, биравед назди халқи
қоматбаланд ва ранги пӯсташон мисгун,
назди қавме ки барои муҳити атрофи наздик
ва дур саҳмгин ҳастанд,
яъне халқи пурқувват ва шикастоваре
ки наҳрҳо заминашонро бурида мегузарад.
3 Эй ҳамаи бошандагони дуньё ва сокинони замин!
Чун ливое бар кӯҳҳо барафрошта шавад, бингаред,
ва чун шох садо диҳад, бишнавед.
4 Зеро ки Худованд ба ман чунин гуфтааст:
«Ман дар маскани Худ оромида, назар хоҳам кард,
мисли гармои тафсон ҳангоми нурафшонии офтоб,
мисли абри шабнамӣ дар гармии мавсими дарав».
5 Зеро ки пеш аз ангурканӣ, вақте ки ток
аз гул фуромада,
муғҷаҳо ба ғӯра мубаддал мешавад,
Ӯ шохаҳоро бо қайчии токбурӣ хоҳад бурид,
ва навдаҳоро бурида дур хоҳад андохт.
6 Ва ҳамааш барои мурғони соҳибчанголи кӯҳистон
ва барои ҳайвоноти замин вогузошта хоҳад шуд;
ва мурғони соҳибчангол тобистонро бар онҳо
ба сар хоҳанд бурд,
ва тамоми ҳайвоноти замин зимистонро
бар онҳо хоҳанд гузаронид.
7 Дар он замон инъоме барои Худованди лашкарҳо
аз қавми қоматбаланд
ва ранги пӯсташон мисгун,
ва аз қавме ки барои муҳити атрофи наздик
ва дур саҳмгин ҳастанд,
яъне аз халқи пурқувват ва шикастоваре
ки наҳрҳо заминашонро бурида мегузарад,
ба макони исми Худованди лашкарҳо,
ба кӯҳи Сион оварда хоҳад шуд.
19БОБИ НУЗДАҲУМ
Нубувват дар бораи Миср.
1 Ваҳй дар бораи Миср.
Инак, Худованд бар абри сабукрав савор шуда,
ба Миср меояд.
Ва аз ҳузури Ӯ бутҳои Миср ба ларза хоҳанд афтод,
ва дили Миср андаруни вай заиф хоҳад шуд.
2 Ва Ман мисриёнро бар мисриён хоҳам барангехт,
ва онҳо бародар бо бародар, ва ёр бо ёр,
ва шаҳр бо шаҳр, ва мамлакат бо мамлакат
ҷанг хоҳанд кард.
3 Ва рӯҳи Миср андаруни вай бемаҷол хоҳад шуд,
ва Ман машварати онро дарҳам‐барҳам хоҳам кард,
ва онҳо аз бутҳо ва фолбинон ва ҷодугарон
ва азоимхонон дархост хоҳанд намуд.
4 Ва Ман Мисрро ба дасти ҳокими сахтгире
хоҳам супурд,
ва подшоҳи золиме бар онҳо ҳукмронӣ хоҳад кард,
— мегӯяд Худованд, Худованди лашкарҳо.
5 Ва обҳои баҳр кам шуда,
наҳр хароб ва хушк хоҳад гардид.
6 Ва наҳрҳо гандида,
ҷӯйҳои Миср камоб ва хароб хоҳад шуд;
най ва қамиш хушк хоҳад гардид.
7 Чаманҳое ки дар атрофи дарьё,
дар соҳилҳои дарьё воқеъ аст,
ва тамоми киштзори назди дарьё хушкида,
парешон ва нест хоҳад шуд.
8 Ва моҳигирон нола хоҳанд кард,
ва ҳамаи онҳое ки шаст ба дарьё меандозанд,
мотам хоҳанд гирифт,
ва онҳое ки тӯр бар рӯи об мегустаронанд,
ғамгин хоҳанд шуд.
9 Ва наддофони катон
ва бофандагони матои сафед хиҷил хоҳанд шуд.
10 Ва пояҳои он афсурдахотир,
ва ҳамаи муздурон афтодарӯҳ хоҳанд шуд.
11 Ба яқин, мирони Сӯан аблаҳ ҳастанд;
ҳокимони машваратчии фиръавн
машварати ҷоҳилона медиҳанд.
Пас шумо чӣ гуна метавонед ба фиръавн бигӯед:
«Ман писари ҳакимон ҳастам,
писари подшоҳони қадимам?»
12 Пас ҳакимони ту куҷоянд?
Бигзор онҳо ба ту гӯянд,
ва бигзор донанд, ки Худованди лашкарҳо
барои Миср чӣ қароре кардааст.
13 Мирони Сӯан аблаҳ шудаанд;
мирони Нуф фиреб хӯрдаанд;
Мисрро аркони сибтҳои вай
гумроҳ кардаанд.
14 Худованд андаруни он рӯҳи дарҳам‐баҳрамӣ
даровардааст,
ва онҳо Мисрро дар тамоми аъмоли он
гумроҳ кардаанд,
мисли он ки маст роҳро гум карда,
дар қаи худ афтода мехобад.
15 Ва дар Миср коре нахоҳад буд,
ки сар ва дум, нахл ва най тавонад онро
ба ҷо оварад.
16 Дар он рӯз Миср мисли занон хоҳад буд, ва аз ҳаракати дасти Худованди лашкарҳо, ки Ӯ бар вай мебардорад, ларзон ва тарсон хоҳад шуд.
17 Ва замини Яҳудо барои Миср манбаи даҳшат хоҳад буд: ҳамин ки зикри онро бишнавад, хоҳад тарсид, аз боиси қароре ки Худованди лашкарҳо дар ҳаққи вай қабул кардааст.
18 Дар он рӯз панҷ шаҳр дар замини Миср ба забони Канъон сухан ронда, ба Худованди лашкарҳо қасам хоҳанд хӯрд; яке Ир‐Ҳаҳерес номида хоҳад шуд.
19 Дар он рӯз қурбонгоҳе барои Худованд дар миёнаҷои замини Миср, ва сутуне барои Худованд назди сарҳади он хоҳад буд.
20 Ва инҳо аломате ва шаҳодате барои Худованди лашкарҳо дар замини Миср хоҳад буд, зеро ки сӯи Худованд аз дасти ҷафокорони худ фарьёд хоҳанд зад, ва Ӯ наҷотдиҳанда ва пуштибоне барои онҳо фиристода, онҳоро халосӣ хоҳад дод.
21 Ва Худованд ба мисриён маъруф хоҳад шуд, ва мисриён дар он рӯз Худовандро хоҳанд шинохт, ва бо қурбониҳо ва ҳадияҳо Ӯро ибодат хоҳанд намуд, ва барои Худованд назр карда, онро ба ҷо хоҳанд овард.
22 Ва Худованд мисриёнро зарба хоҳад зад; зарба зада, шифо хоҳад дод: чун сӯи Худованд руҷӯъ кунанд, Ӯ онҳоро иҷобат намуда, шифо хоҳад дод.
23 Дар он рӯз шоҳроҳе аз Миср ба Ашшур хоҳад буд, ва ашшуриён ба Миср, ва мисриён ба Ашшур хоҳанд рафт; ва мисриён бо ашшуриён Худовандро ибодат хоҳанд кард.
24 Дар он рӯз Исроил бо Миср ва бо Ашшур сегона хоҳад шуд; вай дар миёни замин баракат хоҳад буд,
25 Ки онро Худованди лашкарҳо баракат дода, хоҳад гуфт: «Муборак аст қавми Ман — Миср, ва амали дасти Ман — Ашшур, ва мероси Ман — Исроил».
20БОБИ БИСТУМ
Нубувват дар бораи ғалабаи Ашшур бар Миср.
1 Дар соле ки Тартон ба Ашдӯд омад, вақте ки Сарҷун, подшоҳи Ашшур ӯро фиристод, ва бо Ашдӯд ҷанг карда, онро забт намуд,
2 Дар ҳамон вақт Худованд ба воситаи Ишаъё ибни Омӯс сухан ронда, гуфт: «Бирав, ва палосро аз камари худ бикшо, ва кафшро аз пойҳои худ дур кун». Ва ӯ чунин кард: бараҳна ва пойлуч роҳ мерафт.
3 Ва Худованд гуфт: «Чунон ки бандаи Ман Ишаъё се сол бараҳна ва пойлуч роҳ рафтааст, то аломате ва ишорате дар бораи Миср ва Ҳабаш бошад,
4 Ончунон подшоҳи Ашшур асирони Миср ва матрудони Ҳабашро — ҷавонон ва пиронро — бараҳна ва пойлуч ва кунлуч хоҳад бурд, то ки расвоӣ барои Миср бошад.
5 Ва аз Ҳабаш, ки пуштибони онҳост, ва аз Миср, ки ифтихори онҳост, ҳаросон ва хиҷил хоҳанд шуд.
6 Ва дар он рӯз сокинони ин соҳил хоҳанд гуфт: „Инак, чунин аст ҳоли пуштибони мо, ки ба кӯмакаш рӯ оварда будем, то аз подшоҳи Ашшур раҳо шавем! Пас, мо чӣ гуна халосӣ меёбем?“»
21БОБИ БИСТУ ЯКУМ
Пешгӯиҳо дар бораи Бобил, Адӯм ва Арабистон.
1 Ваҳй дар бораи биёбони назди баҳр.
Мисли гирдбодҳое ки дар ҷануб мевазад,
вай аз биёбон, аз замини пурдаҳшат меояд.
2 Рӯъёи мудҳише ба ман аён шудааст:
хоин хиёнат менамояд, ва тороҷгар тороҷ мекунад.
Эй Элом, баро! Эй Модай, муҳосира намо!
Ба тамоми оҳу нолаи он хотима хоҳам дод.
3 Аз ин рӯ камари маро ларза гирифтааст;
дарде, мисли дарди зане ки мезояд,
маро дар бар гирифтааст;
аз он чи мешунавам, печутоб мехӯрам,
ва аз он чи мебинам, ҳаросон шудаам.
4 Ошуфтадил шудаам; тарсу бим маро мадҳуш кардааст;
шоми фароғати ман ба тарсу ларз мубаддал шудааст.
5 Суфраро оростаанд; ҷойпӯшҳоро густурдаанд;
ба хӯрдану нӯшидан машғуланд.
«Эй мирон, бархезед, сипарҳоро равған молед!»
6 Зеро ки Худованд ба ман чунин гуфтааст:
«Бирав, дидбоне бимон, то он чиро, ки бинад,
хабар диҳад,
7 Ва чун фавҷҳои саворонро:
ҷуфт‐ҷуфт саворони асп, саворони улоғ,
саворони шутурро бинад,
ба онҳо бо диққати тамом гӯш андозад».
8 Ва ӯ мисли шер садо баровард:
«Эй оғои ман! Рӯзона ман доимо
бар дидбонгоҳ меистам,
ва тамоми шабҳо дар посбонии худ мебошам.
9 Ва инак, савори ароба бо ҷуфт‐ҷуфти асп меоянд».
Ва ӯ хитоб намуда, гуфт: «Бобил фурӯ
ғалтидааст, фурӯ ғалтидааст,
ва тамоми санамҳои худоёнашро ба замин
зада шикастаанд».
10 Эй хирмангоҳи ман ва писари хирмани ман!
Он чи аз Худованди лашкарҳо,
Худои Исроил шунидаам, ба шумо гуфтам.
11 Ваҳй дар бораи Думо.
Маро аз Сеир фарьёд мекунанд:
«Эй посбон! Чӣ посе аз шаб аст?
Эй посбон! Чӣ посе аз шаб аст?»
12 Посбон гуфт: «Субҳ меояд,
вале ҳанӯз шаб аст.
Агар боз пурсидан хоҳед, бипурсед:
бори дигар биёед».
13 Ваҳй дар бораи банӣ‐араб.
Эй қофилаҳои дадониён!
Дар сангзори Арабистон манзил кунед.
14 Эй сокинони замини Темо!
Ба пешвози ташнагон об биёред,
гурезагонро бо нонашон истиқбол намоед.
15 Зеро ки онҳо аз шамшерҳо гурехтаанд:
аз шамшери бараҳна, ва аз камони кашида,
ва аз гаронии ҷанг.
16 Зеро ки Худованд ба ман чунин гуфтааст: «Баъд аз як сол, мисли солҳои муздур, тамоми ҷалоли Қедор маҳв хоҳад шуд;
17 Ва бақияи шумораи баҳодурони камондори банӣ‐Қедор кам хоҳад шуд, зеро ки Худованд, Худои Исроил чунин гуфтааст».
22БОБИ БИСТУ ДУЮМ
Нубувват дар бораи водии рӯъё.
1 Ваҳй дар бораи водии рӯъё.
Пас туро чӣ шудааст, ки саросар ба бомҳо
баромадаӣ?
2 Эй шаҳри пурҷӯшу хурӯш, ки пурҳаяҷон ҳастӣ,
эй шаҳри пурсурур!
Мақтулони ту мақтулони шамшер нестанд
ва дар ҷанг талаф нашудаанд.
3 Ҳамаи саркардаҳои ту якҷоя гурехтаанд,
вале бе он ки аз камон истифода баранд,
ба асирӣ гирифта шудаанд;
ҳамаи онҳое ки андаруни ту ёфт шудаанд,
ҳарчанд ба ҷойҳои дур гурехта бошанд ҳам,
якҷоя ба асирӣ афтодаанд.
4 Бинобар ин мегӯям: «Аз ман дур шавед,
ман зор‐зор хоҳам гирист;
барои тасаллӣ додани ман дар бораи таҳлукаи
духтари қавми ман саъю кӯшиш накунед».
5 Зеро ки рӯзи ҳаяҷон ва мағлубият ва парешонӣ
аз ҷониби Худованди лашкарҳост дар водии рӯъё:
ҳисорро вайрон мекунанд,
ва фарьёд дар кӯҳҳо танинандоз мешавад.
6 Ва Элом бо аробаҳои ҷангии
пур аз одам ва бо саворон тирдонро бардоштааст,
ва Қир сипарро бараҳна кардааст.
7 Ва инак, водиҳои беҳтарини ту аз аробаҳои
ҷангӣ пур шудааст,
ва саворон дар рӯ ба рӯи дарвоза мавқеъ гирифтаанд.
8 Ва болопӯши Яҳудо бардошта шудааст,
ва ту дар он рӯз ба аслиҳаи қӯрхонаи ҷангал
назар дӯхтаӣ.
9 Ва шумо рахнаҳои шаҳри Довудро,
ки бисьёр аст, дидаед,
ва оби ҳавзи поёнро ҷамъ кардаед;
10 Ва хонаҳои Ерусалимро дар шумор овардаед,
ва хонаҳоро вайрон кардаед, то ки ҳисорро
мустаҳкам намоед;
11 Ва дар миёни ду ҳисор обанборе барои оби
ҳавзи кӯҳна сохтаед;
валекин ба Ӯ, ки инро ба амал овардааст,
назар надӯхтаед, ва Ӯро, ки аз қадимулайём
инро муқаррар намудааст, надидаед.
12 Ва Худованд, Худованди лашкарҳо,
дар он рӯз шуморо ба гиристан ва навҳа кардан
ва мӯйсар гирифтан ва палос пӯшидан даъват
намудааст.
13 Вале инак, хурсандӣ ва димоғчоқӣ!
Гов мекушанд ва гӯсфанд забҳ мекунанд,
гӯшт мехӯранд ва шароб менӯшанд:
«Бихӯрем ва бинӯшем, зеро ки фардо хоҳем мурд!»
14 Ва Худованди лашкарҳо дар гӯши ман
ошкор кардааст:
«Ба яқин, ин гуноҳи шумо омурзида нахоҳад шуд
то даме ки бимиред!» — гуфтааст Худованд,
Худованди лашкарҳо.
15 Худованд, Худованди лашкарҳо, чунин гуфтааст:
«Бирав ва назди ин гумошта,
яъне Шебно, ки нозири боргоҳ аст, дохил шав,
ва бигӯй:
16 „Дар ин ҷо туро чӣ кор аст,
ва дар ин ҷо ту кистӣ,
ки барои худ дар ин ҷо мақбарае месозӣ?“»
Вай дар ҷои баланд барои худ мақбара месозад,
дар сахра барои худ маскан метарошад.
17 «„Инак, эй шахси ҷоҳталаб, Худованд туро
дур хоҳад андохт,
ва туро печутоб хоҳад дод,
18 Ва туро сахт фушурда,
мисли тӯбе бар замини фарох хоҳад ғелонид,
ва ту дар он ҷо хоҳӣ мурд,
ва дар он ҷо аробаҳои боҳашамати ту
боиси нанги хонадони оғоят хоҳад шуд.
19 Ва Ман туро аз маконат бадар хоҳам ронд,
ва аз мартабаи худ фурӯ хоҳӣ ғалтид.
20 Ва дар он рӯз воқеъ хоҳад шуд, ки Ман бандаи
Худ — Элъёқим ибни Ҳилқиёро даъват хоҳам намуд,
21 Ва ӯро бо либоси ту пӯшонида,
бо камарбанди ту маҳкам хоҳам кард,
ва ҳокимияти туро ба дасташ хоҳам супурд,
ва ӯ барои сокини Ерусалим ва хонадони
Яҳудо падар хоҳад буд.
22 Ва калиди хонадони Довудро бар дӯши ӯ хоҳам гузошт,
ва ӯ чун кушояд, ҳеҷ кас нахоҳад баст,
ва чун бандад, ҳеҷ кас нахоҳад кушод.
23 Ва ӯро мисли мехе дар ҷои сахт устувор хоҳам кард,
ва ӯ барои хонадони падари худ курсии ҷалол
хоҳад буд“».
24 Ва тамоми ҷалоли хонадони падарашро, аз фарзандонаш то ақрабояш, ва тамоми олоти хурдро, аз косаю кӯзаҳои гаронбаҳо то ҳамаи сафолпораҳо, бар ӯ хоҳанд овехт.
25 «Дар он рӯз, — мегӯяд Худованди лашкарҳо, — он мехе ки дар ҷои сахт устувор гардида буд, лиққонак хоҳад шуд, ва шикаста, фурӯ хоҳад ғалтид, ва боре ки бар он овезон аст, талаф хоҳад шуд; зеро ки Худованд гуфтааст».
23БОБИ БИСТУ СЕЮМ
Нубувват дар бораи Сӯр.
1 Ваҳй дар бораи Сӯр.
Эй киштиҳои Таршиш, вовайло кунед,
зеро ки он хароб шудааст: на хонае боқӣ мондааст,
на ҷое ки кас тавонад вориди он гардад;
аз замини Киттим ба онҳо хабар расидааст.
2 Эй сокинони соҳил, ки онро тоҷирони Сидӯн,
дарьёнавардон пур мекарданд,
хомӯш нишинед!
3 Ва ғаллаи Шиҳӯр,
дарави атрофи наҳр бо обҳои бисьёр
ба он дохил мешуд,
ва он бозоргоҳи халқҳо гардида буд.
4 Эй Сидӯн, таассуф намо,
зеро ки баҳр, яъне қалъаи баҳр, ба забон омада,
мегӯяд:
«Гӯё ки ман дарди зоиш накашидаам, ва назоидаам,
ва ҷавононро парвариш накардаам,
ва духтаронро ба воя нарасонидаам!»
5 Вақте ки овозаи ин ба мисриён бирасад,
аз шунидани аҳволи Сӯр ба ҳарос хоҳанд афтод.
6 Эй сокинони соҳил,
ба Таршиш кӯчида равед, вовайло кунед.
7 Оё ҳамин аст он шаҳри пурсурури шумо,
ки ибтидояш аз қадимулайём буд,
ва пойҳояш онро ба кишварҳои дур мебурд,
то ки дар он ҷо иқомат намояд?
8 Кист, ки инро дар ҳаққи Сӯри тоҷбахш,
ки савдогаронаш мисли мирон,
ва тоҷиронаш акобири рӯи замин буданд,
қарор додааст?
9 Худованди лашкарҳо инро қарор додааст,
то ки кибриёи ҳар ҳашаматро поймол кунад
ва ҳамаи мӯҳтарамони заминро ба залолат андозад.
10 Эй духтари Таршиш, бар замини худ
мисли наҳр убур намо:
дигар бандубасте нест.
11 Ӯ дасти Худро бар баҳр дароз карда,
мамлакатҳоро ба ларза овардааст;
Худованд дар ҳаққи Канъон амр фармудааст,
ки қалъаҳояшро хароб кунанд,
12 Ва гуфтааст: «Ту, эй бокираи ситамдида,
духтари Сидӯн, дигар димоғчоқӣ нахоҳӣ кард!
Бархоста, ба Киттим бирав, лекин дар он ҷо низ
барои ту оромӣ нахоҳад буд».
13 Инак замини калдониён, ки ин қавм ҳоло вуҷуд надоранд. Ашшур онро барои биёбоннишинон буньёд кард. Бурҷҳои дидбонии худро барпо намуданд, қасрҳояшро вайрон карданд, онро ба харобазор табдил доданд.
14 Эй киштиҳои Таршиш, вовайло кунед,
зеро ки қалъаи шумо хароб шудааст.
15 Ва дар он рӯз воқеъ хоҳад шуд, ки Сӯр ҳафтод сол, ба андозаи рӯзҳои як подшоҳ фаромӯш хоҳад шуд. Баъд аз итмоми ҳафтод сол ба Сӯр ҳамон чиз рӯй хоҳад дод, ки дар суруди фоҳиша тасвир ёфтааст:
16 «Эй фоҳишаи фаромӯшшуда, барбатро бигир,
дар шаҳр гардиш намо! Нағз бинавоз, бисьёр бисарой,
то ки туро ба ёд оваранд!»
17 Ва воқеъ хоҳад шуд, ки баъд аз итмоми ҳафтод сол Худованд Сӯрро тафаққуд хоҳад намуд, ва он аз нав ба гирифтани музди зинои худ хоҳад баргашт, ва бо ҳамаи мамлакатҳои дуньё, ки бар рӯи замин мебошанд, зино хоҳад кард.
18 Вале тиҷорати он ва музди зинои он барои Худованд бахшида хоҳад шуд: захира карда ва дар махзан гузошта нахоҳад шуд, балки тиҷораташ барои онҳое ки ба ҳузури Худованд зиндагӣ мекунанд, хоҳад буд, то ки ба серӣ бихӯранд ва либоси нағз бипӯшанд.
24БОБИ БИСТУ ЧОРУМ
Доварии Худо бар замин. Зуҳури ояндаи ҷалоли Худо.
1 Инак, Худованд заминро холӣ ва хароб мекунад, ва сатҳи онро дигаргун месозад, ва сокинони онро пароканда менамояд.
2 Ва чунон ки қавм бошанд, ончунон коҳин хоҳад буд, чунон ки ғулом — ончунон оғояш, чунон ки каниз — ончунон хотунаш, чунон ки харидор — ончунон фурӯшанда, чунон ки қарзхоҳ — ончунон қарздор, чунон ки даъвогар — ончунон ҷавобгар.
3 Замин тамоман беодам ва толону тороҷ хоҳад шуд, зеро ки Худованд ин суханро гуфтааст.
4 Замин мотам гирифтааст, сархам шудааст; дуньё афсурдахотир ва сархам шудааст; олимақомони қавми замин афсурдахотир шудаанд.
5 Ва замин зери сокинонаш палид шудааст, зеро ки онҳо дастурҳоро поймол кардаанд, аз фароиз берун баромадаанд, аҳди ҷовидониро шикастаанд.
6 Бинобар ин лаънат заминро хӯрдааст, ва сокинони он ба ҷазо дучор шудаанд; бинобар ин сокинони замин сӯхтаанд, ва аз одамон андаке боқӣ мондаанд.
7 Шираи ангур мотам гирифтааст;
ток афсурдахотир шудааст;
ҳамаи шоддилон оҳ мекашанд.
8 Шодмонии дафҳо барҳам хӯрдааст;
ғавғои айёшон хотима ёфтааст;
шодмонии барбатҳо барҳам хӯрдааст.
9 Дигар бо суруд шароб наменӯшанд;
арақ барои нӯшандагонаш талх шудааст.
10 Шаҳри хароба ба шикаст гирифтор шудааст;
ҳар хона баста аст, ва касе наметавонад дарояд.
11 Дар кӯчаҳо аз барои шароб фиғон мекашанд;
ҳар гуна сурур тира гардидааст;
шодмонии замин талаф шудааст.
12 Дар шаҳр харобӣ ҳукмфармост,
ва дарвозаи он шикаста пора‐пора шудааст.
13 Ва дар миёни замин, дар байни қавмон ончунон хоҳад шуд,
чунон ки дар вақти зада афшондани дарахти зайтун
ва баъд аз анҷоми ангурчинӣ якчанд шингиле боқӣ мемонад.
14 Онҳо овози худро баланд карда, тараннум хоҳанд намуд:
дар бораи кибриёи Худованд аз ҷониби баҳр бо шодӣ садо хоҳанд баровард.
15 Бинобар ин Худовандро дар шарк,
ва исми Худованд Худои Исроилро
дар ҷазираҳои ғарб ҷалол диҳед.
Мусибати бузург.
16 Аз ақсои замин мо сурудҳоро шунидаем:
«Одилро ҷалол бод!»
Ва ман гуфтам: «Дареғо бар ман!
Дареғо бар ман! Вой бар ман!
Хоинон хиёнат кардаанд,
ва хоинон хиёнат бар хиёнат зам кардаанд».
17 Эй сокини замин,
тарс ва чоҳ ва дом бар туст!
18 Ва воқеъ хоҳад шуд, ки ҳар кӣ аз овози тарс
бигрезад, ба чоҳ хоҳад афтод;
ва ҳар кӣ аз даруни чоҳ барояд, ба дом хоҳад афтод;
зеро ки равзанҳо аз афроз кушода хоҳад шуд,
ва асосҳои замин ба ларза хоҳад омад.
19 Замин пора‐пора шудааст,
замин аз ҳам ҷудо шудааст,
замин вожгун гардидааст.
20 Замин мисли маст мекалавад,
ва мисли арғунчак алвонҷ мехӯрад;
ва ҷинояташ бар он гаронӣ мекунад;
ва фурӯ хоҳад ғалтид,
ва дигар нахоҳад бархост.
21 Ва дар он рӯз воқеъ хоҳад шуд,
ки Худованд лашкари афрозро бар афроз,
ва подшоҳони заминро бар замин тафаққуд
намуда, ҷазо хоҳад дод.
22 Ва мисли издиҳоми бандиён дар чоҳе
ҷамъ оварда хоҳанд шуд,
ва дар зиндон баста хоҳанд шуд,
ва баъд аз рӯзҳои бисьёр тафаққуд карда хоҳанд шуд.
23 Ва моҳ хиҷил, ва офтоб шармсор хоҳад шуд,
зеро ки Худованди лашкарҳо бар кӯҳи Сион
ва дар Ерусалим салтанат хоҳад ронд,
ва ба хузури пирони Худ ҷалол хоҳад ёфт.
25БОБИ БИСТУ ПАНҶУМ
Тантанаи Малакуми Худованд ва Худо.
1 Худовандо! Ту Худои ман ҳастӣ.
Туро такбир менамоям, исми Туро ҳамд мегӯям,
чунки корҳои аҷиб кардаӣ;
муқаддароти қадими Ту ҳақ асту рост.
2 Зеро ки Ту шаҳрро ба сангтӯдае,
пойтахти истеҳкомдорро ба харобазор табдил додаӣ;
қасри бегонаҳоро аз шаҳр маҳв намудаӣ,
ки он ҳаргиз бино нахоҳад ёфт.
3 Бинобар ин қавмони зӯровар Туро ҷалол хоҳанд дод;
шаҳрҳои халқҳои мустабид аз Ту хоҳанд тарсид.
4 Зеро ки Ту қалъае барои бенаво,
қалъае барои мискин дар вақти тангии вай,
паноҳгоҳе аз борони сел, сояе аз гармо будӣ;
зеро ки нафаси қаҳролуди мустабидон
мисли селоби деворшикан аст.
5 Ҳаёҳуи бегонаҳоро мисли гармо дар саҳрои
хушк Ту фурӯ хоҳӣ нишонид;
тараннуми мустабидон мисли гармо аз сояи
абр паст хоҳад шуд.
6 Ва Худованди лашкарҳо бар ин кӯҳ барои
ҳамаи қавмон базме аз таомҳои равғанин,
базме аз шаробҳои кӯҳна — аз таомҳои
равғанини болаззат
ва аз шаробҳои кӯҳнаи мусаффо — хоҳад орост;
7 Ва бар ин кӯҳ рӯпӯшеро, ки бар ҳамаи қавмон
пӯшонида шудааст,
ва пардаеро, ки бар ҳамаи халқҳо густурда
шудааст, барҳам хоҳад дод;
8 Маргро ба сурати абадӣ маҳв хоҳад намуд,
ва Худованд Худо ашкҳоро аз ҳамаи чеҳраҳо
пок хоҳад кард,
ва нанги қавми Худро аз рӯи тамоми замин
дур хоҳад сохт;
зеро ки Худованд гуфтааст.
9 Ва дар он рӯз хоҳанд гуфт:
«Инак, Худои мо, ки ба Ӯ умед бастаем,
ва Ӯ моро наҷот хоҳад дод!
Ин аст Худованде ки ба Ӯ умед бастаем,
пас дар наҷоти Ӯ шодӣ ва хурсандӣ хоҳем кард!»
10 Зеро ки дасти Худованд бар ин кӯҳ қарор хоҳад ёфт,
ва Мӯоб дар ҷои худ поймол хоҳад шуд,
чунон ки коҳ дар ахлот поймол мешавад;
11 Ва ҳарчанд вай дастҳои худро андаруни он
ҳаракат диҳад,
чунон ки шиновар барои шино кардан
ҳаракат медиҳад, —
вале Ӯ такаббури варо бо якҷоягии ҳилаҳои
дастҳои вай паст хоҳад кард.
12 Ва Ӯ ҳисорҳои баланди истеҳкомдори
туро вожгун намуда,
фурӯ хоҳад ғалтонид, бар замин афканда,
ба хок яксон хоҳад кард.
26БОБИ БИСТУ ШАШУМ
Исроил, ки аз нав барпо гардида, ба Худо руҷӯъ намудааст, Худовандро ҷалол медиҳад.
1 Дар он рӯз ин суруд дар замини Яҳудо
сароида хоҳад шуд:
«Мо шаҳри мустаҳкаме дорем;
Ӯ наҷотро чун ҳисор ва садд ба вуҷуд овардааст.
2 Дарвозаҳоро бикшоед, то халқи одиле ки имонашонро
нигоҳ медоранд, ворид шаванд.
3 Дили боматонатро Ту дар осоиштагии комил
нигоҳ медорӣ,
зеро ки вай ба Ту таваккал мекунад.
4 Ба Худованд то абад таваккал кунед,
зеро ки Худованд Худо сахраи ҷовидонист.
5 Зеро ки Ӯ болонишинонро вожгун намудааст,
шаҳри олишонро фурӯ ғалтонидааст,
онро то ба замин фурӯ ғалтонида, ба хок яксон кардааст.
6 Онро пойҳо поймол мекунад, —
пойҳои мискинон, қадамҳои бенавоён».
7 Роҳи одил рост аст;
Ту, эй Росткор, тариқи одилро ҳамвор мекунӣ.
8 Ва дар роҳи довариҳои Ту, эй Худованд,
мо ба Ту умед бастаем,
ва ҷони мо иштиёқманди исми Ту ва зикри Ту мебошад.
9 Шабонгаҳ ман бо ҷони худ муштоқи Ту ҳастам,
ва саҳаргоҳон ман бо рӯҳи худ дар андарунам
Туро металабам;
зеро вақте ки довариҳои Ту бар замин ба амал ояд,
сокинони дуньё инсофро таълим хоҳанд гирифт.
10 Агар шарир омурзида шавад,
адлу инсофро таълим нахоҳад гирифт, —
дар замини росткорон ноинсофӣ хоҳад кард,
ва кибриёи Худовандро нахоҳад дид.
11 Худовандо! Дасти Ту баланд бардошта шудааст, аммо онҳо намебинанд;
чун рашки Туро барои қавмат бинанд,
хиҷил хоҳанд шуд;
оташи хашмат адуёни Туро фурӯ хоҳад бурд.
12 Худовандо! Осоиштагиро барои мо барқарор намо;
зеро ки ҳамаи корҳои моро низ Ту барои мо
ба амал овардаӣ.
13 Худовандо, Худои мо! Ҳокимон ба ғайр аз Ту
бар мо салтанат меронданд,
аммо танҳо ба Ту умед баста, исми Туро зикр менамудем.
14 Мурдагон зинда нахоҳанд шуд;
арвоҳи мурдагон нахоҳанд бархост;
зеро ки Ту онҳоро тафаққуд намуда, нобуд сохтаӣ,
ва тамоми зикрашонро маҳв кардаӣ.
15 Халқро афзун намудаӣ, эй Худованд,
халқро афзун намуда, Худро ҷалол додаӣ,
тамоми ҳудуди заминашонро васеъ кардаӣ.
16 Худовандо! Дар вақти тангии худ онҳо Туро
талабидаанд;
чун аз Ту ҷазо меёфтанд,
бо зорию илтиҷо дуо мегуфтанд.
17 Чунон ки зани ҳомиладор
ҳангоми наздик омадани зоиданаш
аз дардҳои сахти худ печутоб хӯрда,
фарьёд мезанад, ончунон мо низ,
эй Худованд, ба ҳузури Ту будем.
18 Ҳомила шуда, печутоб мехӯрдем,
вале гӯё ки бодро мезоидем:
ҳеҷ наҷоте барои замин ба амал наомад,
ва сокинони дуньё фурӯ нағалтиданд.
19 Бигзор мурдагони Ту зинда шаванд,
майитҳои ман бархезанд!
Эй сокинони хок, бедор шавед ва тараннум намоед!
Зеро ки шабнами Ту шабнами наботот аст,
ва замин мурдагонро берун хоҳад афканд.
20 Эй қавми ман, биёед, ба ҳуҷраҳои худ дароед,
ва дарҳои худро аз қафои худ бибандед,
як лаҳзае пинҳон шавед,
то даме ки ғазаб бигзарад.
21 Зеро инак, Худованд аз макони Худ берун меояд,
то ки сокинони заминро барои гуноҳашон сазо диҳад;
ва замин хунҳои фурӯбурдаи худро ошкор хоҳад кард,
ва мақтулони худро дигар пинҳон нахоҳад дошт.
27БОБИ БИСТУ ҲАФТУМ
Ба залолат афтодани давлатҳои бузург.
Аз нав барқарор шудани Исроил.
1 Дар он рӯз Худованд бо шамшери сахт ва бузург
ва пурзӯри Худ он аждар‐мори тозонро
ва он аждар‐мори печонро сазо хоҳад дод,
ва он тимсоҳро, ки дар баҳр аст, хоҳад кушт.
2 Дар он рӯз барои токзори шароби ноб бисароед.
3 Ман, ки Худованд ҳастам,
онро нигоҳ медорам, ҳар лаҳза онро об медиҳам;
шабу рӯз онро посбонӣ мекунам,
то ки касе ба он осебе нарасонад.
4 Ғазабе дар Ман нест.
Аммо агар касе ба Ман явшон ва хори шутурро
муқобил мегузошт,
Ман бар зидди вай ба ҷанг иқдом намуда,
варо якҷоя месӯзондам;
5 Магар ки вай ба қуввати Ман рӯи паноҳ оварда,
бо Ман сулҳ мекард:
пас бигзор бо Ман сулҳ кунад.
6 Дар рӯзҳои оянда Яъқуб реша хоҳад давонд,
Исроил муғча ва шукуфа хоҳад кард;
ва рӯи дуньё аз мева пур хоҳад шуд.
7 Оё ӯ варо ончунон задааст,
чунон ки занандагони варо задааст?
Оё варо ончунон куштааст,
чунон ки кушандагони вай кушта шудаанд?
8 Варо Ту баандоза сазо додаӣ, вақте ки бадар рондаӣ.
Варо бо вазиши сахти Худ дур андохтаӣ,
мисли он ки дар рӯзи боди шарқӣ бошад.
9 Пас, гуноҳи Яъқуб ба ин восита кафорат хоҳад шуд,
ва тамоми самари дафъи хатои вай ҳамин хоҳад буд,
ки вай ҳамаи сангҳои қурбонгоҳҳоро
мисли сангҳои оҳаки шукуфта хоҳад гардонид,
то ки бутҳои Ашера ва Ҳамон дигар барпо нашавад.
10 Зеро ки он шаҳри истеҳкомдор валангор гардида,
монанди чарогоҳе хоҳад шуд, ки онро
тарк карда баромада рафта бошанд;
дар он ҷо гӯсола хоҳад чарид,
ва дар он ҷо вай хобида, навдаҳои онро талаф
хоҳад кард.
11 Вақте ки шохаҳои он хушк шавад, шикаста
хоҳад шуд;
занон омада, онҳоро хоҳанд сӯзонид.
Азбаски онҳо қавми бофаҳм нестанд,
Офаринандаашон ба онҳо раҳм нахоҳад кард,
ва Холиқашон онҳоро афв нахоҳад намуд.
12 Ва дар он рӯз воқеъ хоҳад шуд, ки Худованд аз соҳили наҳр то водии Миср хӯшаҳоро хоҳад кӯфт, ва шумо, эй банӣ‐Исроил, якто‐якто ҷамъ карда хоҳед шуд.
13 Ва дар он рӯз воқеъ хоҳад шуд, ки шохи бузурге хоҳад навохт, ва гумшудагони замини Ашшур ва рондашудагони замини Миср хоҳанд омад, ва бар кӯҳи муқаддас, ки дар Ерусалим воқеъ аст, ба Худованд саҷда хоҳанд кард.
28БОБИ БИСТУ ҲАШТУМ
Вой бар Эфроим. Пешгӯӣ дар бораи асирии он.
1 Эй вой бар афсари ғурури сармастони Эфроим
ва бар гули пажмурдаи зинати шукӯҳи он,
ки бар сари водии ҳосилхези
майзадагон аст!
2 Инак, зӯровар ва ҷасури Худованд
мисли сели жола ва тундбоди ҳалокатовар,
мисли сели обҳои азими саршор
онро бо тамоми қувват ба замин хоҳад афканд.
3 Афсари ғурури сармастони Эфроим
ба зери пойҳо поймол хоҳад шуд.
4 Ва гули пажмурдаи зинати шукӯҳи он,
ки бар сари водии ҳосилхез аст,
мисли анҷири пешпазаке хоҳад буд,
ки чун бинандае онро бинад,
зуд ба дасташ гирифта, онро фурӯ мебарад.
5 Дар он рӯз Худованди лашкарҳо афсари зинат
ва тоҷи шавкат барои бақияи қавми Худ хоҳад буд,
6 Ва рӯҳи адлу инсоф барои онҳое ки бар курсии
доварӣ менишинанд,
ва қудрат барои онҳое ки ҷангро сӯи дарвоза
бармегардонанд.
7 Ва инҳо низ аз шароб гумроҳ гардидаанд
ва аз арақ дар иштибоҳ афтодаанд;
коҳин ва набӣ аз арақ гумроҳ гардидаанд,
аз шароб саргаранг шудаанд,
аз арақ дар иштибоҳ афтодаанд,
дар рӯъё хато кардаанд,
дар доварӣ пешпо хӯрдаанд.
8 Зеро ки ҳамаи суфраҳо аз қай ва наҷосат
пур шудааст, ҷои тозае намондааст.
9 «Вай донишро ба кӣ меомӯзад?
Ва пайғомро ба кӣ мефаҳмонад?
Оё ба онҳое ки аз шир бароварда
ва аз пистон ҷудо карда шудаанд?
10 Зеро ки фармон бар фармон, фармон бар фармон,
дастур бар дастур, дастур бар дастур,
андаке ин ҷо, андаке он ҷо мебошад».
11 Ба яқин, Ӯ бо лабҳои бегона
ва бо забони дигар ба ин қавм хоҳад гуфт
12 Он чиро, ки пештар гуфта буд:
«Фароғат ҳамин аст; хастаро ба ҳоли худ вогузоред;
оромӣ ҳамин аст».
Валекин онҳо нахостанд гӯш кунанд.
13 Пас, каломи Худованд барои онҳо
фармон бар фармон, фармон бар фармон,
дастур бар дастур, дастур бар дастур,
андаке ин ҷо, андаке он ҷо хоҳад буд,
то ки пуштнокӣ рафта, фурӯ ғалтанд, ва шикаст
хӯранд, ва ба дом афтанд, ва мубтало шаванд.
Қисмати Эфроим — таҳдид барои Яҳудо.
14 Бинобар ин, эй мардуми масхарабоз
ва эй ҳокимони ин қавме ки дар Ерусалиманд,
каломи Худовандро бишнавед.
15 Азбаски гуфтаед: «Мо бо марг иттифоқ бастаем,
ва бо дӯзах сулҳ кардаем,
ва агар тозиёнаи ҳалокатовар бигзарад,
ба мо нахоҳад расид,
зеро ки кизбро паноҳгоҳи худ сохтаем
ва андаруни дурӯғ ниҳон гаштаем»,
16 Бинобар ин Худованд Худо чунин мегӯяд:
«Инак, Ман дар Сион санге барои буньёд
гузоштам, ки санги озмуда,
санги зовия ва гаронбаҳост,
ва асоси мустаҳкаме дорад;
ҳар кӣ имон оварад, таъҷил нахоҳад намуд.
17 Ва Ман инсофро меъёр гардонидаам,
ва адолатро — шоқул;
ва жола паноҳгоҳи кизбро хоҳад рӯфт,
ва об ниҳонхонаро хоҳад бурд».
18 Ва иттифоқи шумо бо марг ботил хоҳад шуд,
ва сулҳи шумо бо дӯзах поянда нахоҳад монд.
Вақте ки тозиёнаи ҳалокатовар бигзарад,
шумо ба зери он поймол хоҳед шуд.
19 Ҳар бор, ки он бигзарад, шуморо дастгир
хоҳад кард,
зеро ки ҳар субҳ, ҳар рӯз ва шаб хоҳад гузашт,
ва фақат фаҳмонидани пайғом боиси даҳшат
хоҳад шуд.
20 Зеро бистар кӯтоҳтар аст аз он ки касе бар он
дароз кашад,
ва кампал тангтар аст аз он ки касе худро
бо он пӯшонад.
21 Зеро Худованд ҳамон тавре ки бар кӯҳи
Просим воқеъ шуда буд,
қиём хоҳад кард, ҳамон тавре ки дар водии
Ҷибъӯн воқеъ шуда буд,
ба ғазаб хоҳад омад, то ки амали Худро,
амали аҷиби Худро ба ҷо оварад,
ва кори Худро, кори ғариби Худро анҷом диҳад.
22 Ва акнун масхарабозӣ накунед,
ки мабодо бандҳои шумо маҳкамтар шавад;
зеро шунидам, ки аз ҷониби Худованд,
Худои лашкарҳо,
таҳлука ва ҳукми қатъӣ барои тамоми замин
муқаррар гардидааст.
23 Гӯш диҳед ва овози маро бишнавед,
диққат намоед ва суханони маро бишнавед!
24 Оё зироаткор тамоми рӯз барои кишт ронда,
замини худро огард ва мола мекунад?
25 Вай, охир, баъд аз ҳамвор кардани сатҳи он,
кунҷитро мекорад, ва зираро мепошад,
ва гандумро дар қаторҳо, ва ҷавро дар ҷои муайян,
ва ҷувориро дар канори саҳро кишт мекунад.
26 Ва ин тартибро Худояш ба ӯ омӯхта,
ӯро ҳидоят менамояд.
27 Зеро кунҷитро бо ғаллакӯбаки дандонадор намекӯбанд,
ва чархи аробаи ғаллакӯбро бар зира намегардонанд,
балки кунҷитро бо асо, ва зираро бо чӯбдаст мекӯбанд.
28 Оё ғалларо кӯфта, гард‐гард мекунанд?
Не, чунки онро пай дар пай намекӯбанд,
балки чархи аробаи ғаллакӯбро бо аспҳояш
бар он мегардонанд,
аммо онро гард‐гард намекунанд.
29 Ин низ аз ҷониби Худованди лашкарҳо
ба амал меояд,
ки қарордоди Ӯ аҷоиб аст, ва ҳикмати Ӯ бузург аст.
29БОБИ БИСТУ НӮҲУМ
Огоҳӣ ба Яҳудо ва Ерусалим.
1 Эй вой бар Ариил, Ариил+ 29:1 Ерусалим дар назар дошта шудааст., шаҳре ки Довуд
дар он сукунат дошт!
Солро бар сол зам кунед; бигзор идҳо давр занад.
2 Вале Ман Ариилро ба танг хоҳам овард,
ва нолаю фиғон хоҳад буд;
ва он барои Ман мисли Ариил хоҳад монд.
3 Ва Ман дар гирди ту ӯрду хоҳам зад,
ва туро бо дидгоҳҳо муҳосира хоҳам намуд,
ва бар ту манҷаниқҳо барпо хоҳам кард.
4 Ва ба залолат афтода,
аз замин сухан хоҳӣ ронд,
ва суханат аз даруни хок мутеона хоҳад буд,
ва овозат аз замин
мисли овози арвоҳ ба гӯш хоҳад расид,
ва суханат аз даруни хок пичиррос хоҳад зад.
5 Валекин анбӯҳи душманонат мисли ғубори маҳин
хоҳанд шуд,
ва анбӯҳи ситамгарон мисли коҳрезае ки
пароканда мешавад;
ва ин баногоҳ, дар як он воқеъ хоҳад шуд.
6 Худованди лашкарҳо туро бо раъд,
ва заминҷунбӣ, ва садои азим,
ва тӯфон, ва тундбод, ва алангаи оташи сӯзон
тафаққуд хоҳад кард.
7 Ва анбӯҳи ҳамаи халқҳое ки бар Ариил
лашкар мекашанд,
ва ҳамаи лашкарҳое ки бо он меҷанганд,
ва бар зидди он қалъаҳои муҳосира барпо мекунанд,
ва онро ба танг меоваранд, мисли хоб
ва рӯъёи шаб хоҳанд буд.
8 Ва чунон ки гурусна хоб мебинад,
ки инак нон мехӯрад,
вале ҳамин ки бедор шавад, ҷонаш гурусна аст;
ва чунон ки ташна хоб мебинад,
ки инак об менӯшад,
вале ҳамин ки бедор шавад, инак бемаҷол аст,
ва ҷонаш ташна аст, —
анбӯҳи ҳамаи халқҳое ки бар кӯҳи Сион
лашкар мекашанд,
ончунон хоҳанд шуд.
9 Дер мемонед, ва мутаҳайир хоҳед шуд!
Худро кӯр месозед, ва кӯр хоҳед буд!
Онҳо маст шудаанд, вале на аз шароб;
мекалаванд, вале на аз арақ.
10 Зеро ки Худованд бар шумо рӯҳи хоби
гаронро равона карда,
чашмони шуморо бастааст,
яъне набиёну сардорони ғайбгӯи шуморо
нобино гардонидааст.
11 Ва ҳар рӯъё барои шумо мисли суханони номаи сарбамӯҳр аст, ки онро ба касе ки хонданро медонад, дода мегӯянд: «Инро бихон», вале ӯ мегӯяд: «Наметавонам, чунки он сарбамӯҳр аст».
12 Ва он номаро ба касе ки хонданро намедонад, дода мегӯянд: «Инро бихон», ва ӯ мегӯяд: «Хонданро намедонам».
13 Ва Худованд гуфт:
«Азбаски ин қавм бо даҳони худ ба Ман
наздик мешаванд
ва бо лабҳои худ Маро ҷалол медиҳанд,
вале дили худро аз Ман дур кардаанд,
ва тарси онҳо аз Ман натиҷаи омӯхтани
аҳкоми инсонист, —
14 Бинобар ин Ман боз ин қавмро бо рафтори
аҷибу ғарибе дар ҳайрат хоҳам андохт,
ва ҳикмати ҳакимони онҳо ба ҳалокат хоҳад расид,
ва ақли оқилони онҳо нопадид хоҳад шуд».
15 Эй вой бар онҳое ки қарори худро аз Худованд
бағоят амиқ пинҳон медоранд,
ва аъмолашон дар торикист,
ва онҳо мегӯянд: «Кист, ки моро бубинад?
Ва кист, ки моро бидонад?»
16 Эй вой аз каҷрафториҳои шумо!
Оё кӯзагарро мисли гил ҳисоб кардан мумкин аст?
Оё шоиста аст, ки маснӯъ дар бораи сонеи худ
бигӯяд: «Ӯ маро насохтааст», —
ва асар дар бораи эҷодкори худ бигӯяд:
«Ӯ фаҳме надорад»?
17 Охир, баъд аз андак вақт
Лубнон ба боғистон мубаддал хоҳад шуд,
ва боғистон ҷангал ҳисоб хоҳад ёфт.
18 Ва дар он рӯз карон суханони китобро хоҳанд шунид,
ва чашмони кӯрон аз даруни торикӣ
ва зулмот хоҳад дид.
19 Ва ҳалимон шодмонии худро дар Худованд
афзун хоҳанд кард,
ва мардуми мискин дар Қуддуси Исроил
ба ваҷд хоҳанд омад.
20 Зеро ки ситамгар дигар нахоҳад буд,
ва масхарабоз нобуд хоҳад шуд,
ва ҳамаи шавқмандони шарорат маҳв хоҳанд шуд,
21 Ки онҳо одамро бо сухане гумроҳ месозанд,
ва барои касе ки назди дарвоза+ 29:21 Дарвоза — ҷои нишасти довар аст, ки дар майдони пеши дарвозаи шаҳр буд. додхоҳӣ
менамояд, дом мегузоранд,
ва одилро бо суханони беасос гирифтори
ноинсофӣ мекунанд.
22 Бинобар ин Худованд, ки Иброҳимро
раҳонидааст,
дар бораи хонадони Яъқуб чунин мегӯяд:
«Акнун Яъқуб хиҷил нахоҳад шуд, ва акнун
ранги рӯяш нахоҳад канд;
23 Зеро, вақте ки онҳо фарзандони худро,
яъне амали дастҳои Маро
андаруни худ бубинанд,
онҳо исми Маро тақдис хоҳанд кард,
ва қудсияти Қуддуси Яъқубро хоҳанд шинохт,
ва Худои Исроилро такбир хоҳанд гуфт;
24 Ва онҳое ки рӯҳашон гумроҳ аст,
аз хирад воқиф хоҳанд шуд,
ва норизоён дарси ибрат хоҳанд омӯхт».
30БОБИ СИЮМ
Огоҳӣ дар бораи он ки бо Миср иттифоқ набанданд.
1 «Эй вой бар писарони исьёнкор,
— мегӯяд Худованд, —
ки машварат қабул мекунанд, вале на аз ҷониби Ман,
ва тадбирҳо меандешанд, вале на бар тибқи рӯҳи Ман,
то ки гуноҳро бар гуноҳ зам кунанд!
2 Онҳо изни даҳони Маро напурсида,
ба Миср фурӯд меоянд,
то ки дар таҳти ҳимояти фиръавн бошанд,
ва дар сояи Миср паноҳ баранд.
3 Валекин ҳимояти фиръавн барои шумо хиҷолат,
ва паноҳ бурдан дар сояи Миср шармандагӣ хоҳад буд;
4 Зеро ки мирони ӯ дар Сӯан мебошанд,
ва злчиёни ӯ ба Ҳонис расидаанд;
5 Ҳамаашон аз боиси қавме ки барои онҳо фоида
надоранд, хиҷил хоҳанд шуд:
на ёварӣ ва на фоида, балки хиҷолат ва
шармандагӣ хоҳад буд».
6 Ваҳй дар бораи баҳимути ҷанубӣ.
Онҳо аз замини тангӣ ва мусибат,
ки модашер ва наррашер, афъӣ
ва аждаҳои паррон аз он ҷо меояд,
сарвати худро бар пушти харон,
ва ганҷи худро бар кӯҳони шутурон бор карда,
назди қавме ки ҳеҷ фоидае надоранд, мебаранд.
7 Чунки ёварии мисриён ҳеҷу пуч аст;
бинобар ин онҳоро хондаам:
«Раҳаби бекорнишин».
8 Акнун биё, инро бар лавҳе барои онҳо бинавис
ва дар китобе қайд намо,
то ки барои рӯзҳои оянда ба таври доимӣ,
то абад бимонад.
9 Зеро ки инҳо қавми осӣ, писарони каззоб ҳастанд,
писароне ки намехоҳанд дастурҳои
Худовандро гӯш кунанд,
10 Ва онҳо ба ғайбдонон мегӯянд: «Ғайбдонӣ накунед!» —
ва ба анбиё мегӯянд: «Барои мо ҳақиқатро
нубувват нанамоед,
балки ба мо суханони ширин гӯед,
ҳазлу шӯхиро нубувват кунед,
11 Аз роҳ дур шавед, аз тариқ берун равед,
Куддуси Исроилро аз пеши мо дур кунед!»
12 Бинобар ин Қуддуси Исроил чунин мегӯяд:
«Азбаски шумо аз ин сухан безор шудаед,
ва ба зулм ва каҷравӣ умед баста, бар он такья
мекунед,
13 Аз ин рӯ ин гуноҳ барои шумо
мисли рахнаи пуртаҳдиде ки дар ҳисори баланд
пайдо шуда бошад,
хоҳад буд, ки фурӯғалтии он ҳисор баногоҳ,
дар як он ба амал хоҳад омад.
14 Ва фурӯғалтии он мисли шикастани кӯзаи
сафолин хоҳад буд,
ки бе шафқат пора‐пора мешавад,
ба тавре ки дар миёни пораҳояш сафолпорае
ёфт намешавад,
то ки оташ аз манқал бикашанд
ва об аз кӯлмак бигиранд».
Панд дар бораи он ки ба Худованд руҷӯъ намуда, мадади Ӯро ба зидди Санҳериб биталабанд.
15 Зеро ки Худованд Худо, Қуддуси Исроил
чунин мегӯяд:
«Бо тавба ва фароғат наҷот меёфтед;
қуввати шумо дар оромӣ ва эътимод мебуд»;
вале шумо нахостед.
16 Ва гуфтед: «Не, мо бар аспон нишаста, хоҳем тохт», —
пас, хоҳед тохт;
«ва бар аспони сабукрав савор хоҳем шуд», —
пас, таъқибкунандагони шумо сабукрав хоҳанд шуд.
17 Ҳазор нафар аз таҳдиди як нафар рӯй ба гурез
хоҳанд овард;
шумо аз таҳдиди панҷ нафар рӯй ба гурез хоҳед овард
то даме ки мисли ходае бар куллаи кӯҳ,
ва мисли ливое бар теппа бимонед.
18 Ва аз ин сабаб Худованд даранг менамояд,
то шуморо афв кунад;
ва аз ин сабаб Ӯ канорагирӣ менамояд,
то бар шумо марҳамат кунад;
зеро ки Худованд Худои адлу инсоф аст;
хушо ҳамаи онҳое ки ба Ӯ таваккал мекунанд!
19 Ба яқин, эй қавме ки дар Сион, дар Ерусалим сокин ҳастед, дигар гирья нахоҳед кард; Ӯ ба овози фарьёдатон бар шумо раҳм хоҳад кард: онро шунидан замон, шуморо иҷобат хоҳад намуд.
20 Ва агарчи Худованд ба шумо нони тангайшӣ ва оби мусибатро диҳад, муаллиматон дигар пинҳон нахоҳад шуд, ва чашмонатон муаллиматонро хоҳад дид;
21 Ва гӯшҳотон суханеро аз қафои шумо хоҳад шунид, ки мегӯяд: «Роҳ ин аст, бо он биравед», вақте ки ба тарафи рост ё чап майл кунед.
22 Ва ҷилди нуқрагини санамҳои худро, ва пӯшоки заррини бутҳои худро наҷис хоҳед донист; онҳоро мисли наҷосате дур андохта, хоҳед гуфт: «Дафъ шав!»
23 Ва Ӯ бар тухмие ки замини худро бо он кишт мекунед, борон хоҳад дод, ва ҳосили ғаллаи замин ширадор ва фаровон хоҳад буд; чорвои шумо дар он рӯз дар чарогоҳи фарохе хоҳад чарид.
24 Ва нарговон ва хароне ки заминро кор мекунанд, хӯроки намакине ки бо белу сешоха бод дода шуда бошад, хоҳанд хӯрд.
25 Ва дар рӯзи куштори азим, вақте ки бурҷҳо фурӯ меғалтад, бар ҳар кӯҳи саркаш ва бар ҳар теппаи баланд наҳрҳо ва ҷӯйҳои об ҷорӣ хоҳад шуд.
26 Ва дар рӯзе ки Худованд ҷароҳати қавми Худро бибандад ва захмҳои онҳоро шифо диҳад, рӯшноии моҳ мисли рӯшноии офтоб хоҳад шуд, ва рӯшноии офтоб ҳафтчандон, мисли рӯшноии ҳафт рӯз хоҳад буд.
27 Инак, исми Худованд аз дурдаст меояд,
ғазаби Ӯ аланга мезанад, ва дуди ғализе
аз он боло мебарояд;
лабҳои Ӯ пур аз хашм аст,
ва забони Ӯ мисли оташи сӯзон аст.
28 Ва нафаси Ӯ мисли селоби саршор аст,
ки то ба гардан мерасад,
то ки халқҳоро ғалбер карда ба дараҷаи нестӣ
расонад,
ва лаҷоми гумроҳиро ба даҳони қавмон андозад.
29 Он гоҳ шумо мисли шаби тақдиси ид сурудгӯӣ
хоҳед кард,
ва дилшодии шумо мисли касоне хоҳад буд,
ки бо найнавозӣ мераванд,
то ба кӯҳи Худованд, назди сахраи Исроил биёянд.
30 Ва Худованд кибриёи овози Худро хоҳад шунавонид,
ва тазьиқи бозуи Худро бо шиддати ғазаб
ва алангаи оташи сӯзон,
бо тундбод ва сел ва жолаи сангин
зоҳир хоҳад намуд.
31 Зеро ки Ашшур аз овози Худованд шикаст
хоҳад хӯрд,
ҳангоме ки варо бо асои ғазаби Худ зарба занад.
32 Ва ҳар зарбаи чӯбдасти қазо,
ки Худованд бар вай фурӯд хоҳад овард,
бо дафҳо, ва барбатҳо хоҳад буд,
ва Ӯ бо муҳорибаҳои шадид ба муқобили онҳо
ҷанг хоҳад кард.
33 Зеро ки Тӯфет+ 30:33 Тӯфет — дар замони қадим дар ҷануби Ерусалим ҷое будааст, ки мардуми бутпараст кӯдакони худро барои бутҳо қурбонӣ мекардаанд. пешакӣ тайёр карда шудааст:
он барои подшоҳ низ муҳайёст,
ба тавре ки амиқ ва фарох гардидааст;
дар гулханаш оташ ва ҳезум бисьёр аст;
нафаси Худованд мисли наҳри кибрит онро хоҳад барафрӯхт.
31БОБИ СИЮ ЯКУМ
Огоҳии дуюм ба Яҳудо, ки бо Миср иттифоқ набандад.
1 Эй вой бар онҳое ки барои мадад ба Миср
фурӯд меоянд,
ва бар аспон такья менамоянд,
ва бар аробаҳо ба сабаби бисьёрии онҳо,
ва бар саворон ба сабаби пурзӯрии онҳо
таваккал мекунанд,
валекин ба Қуддуси Исроил рӯ намеоваранд,
ва аз Худованд дархост намекунанд!
2 Вале Ӯ низ хирадманд аст, ва ҳалокат хоҳад овард,
ва суханони Худро ботил нахоҳад кард,
ва бар зидди хонадони бадкешон
ва мадади бадкирдорон қиём хоҳад намуд.
3 Ва мисриён одамизоданд ва на Худо,
ва аспони онҳо ҷисманд ва на рӯҳ;
ва чун Худованд дасти Худро дароз кунад,
мададгор пешпо хоҳад хӯрд,
ва мададталаб фурӯ хоҳад ғалтид,
ва ҳамаашон якҷоя нобуд хоҳанд шуд.
4 Зеро ки Худованд ба ман чунин гуфтааст:
«Чунон ки шер ва шербача бар сайди худ наъра мезанад,
дар сурате ки анбӯҳи чӯпонон бар зидди вай
ҷамъ мешаванд,
вале вай аз садои онҳо наметарсад
ва аз ҳаёҳуи онҳо сар хам намекунад, —
ончунон Худованди лашкарҳо фурӯд меояд,
то ки барои кӯҳи Сион ва теппаи он
ҳарбу зарб кунад».
5 Чунон ки мурғон бар чӯҷаҳои худ дар парвоз
мебошанд,
ончунон Худованди лашкарҳо Ерусалимро
ҳимоят хоҳад кард,
муҳофизат намуда, халосӣ хоҳад дод,
шафаққат намуда, раҳо хоҳад кард.
6 Эй банӣ‐Исроил! Сӯи Ӯ, ки маъсиятро бар зиддаш афзун кардаед, руҷӯъ намоед.
7 Зеро ки дар он рӯз ҳар кас бутҳои нуқраи худ ва бутҳои тиллои худро, ки дастҳои шумо барои гуноҳ сохтааст, тарк хоҳад кард.
8 «Ва Ашшур аз шамшере ки аз они инсон набошад,
фурӯ хоҳад ғалтид,
ва шамшере ки аз они одам набошад,
варо маҳв хоҳад кард, — вай аз шамшер хоҳад гурехт,
ва ҷавонони вай хироҷгузор хоҳанд шуд.
9 Ва сахраи вай аз тарс рӯй ба гурез хоҳад овард,
ва мирони вай аз ливо ҳаросон хоҳанд шуд», —
мегӯяд Худованд, ки оташи Ӯ дар Сион,
ва кӯраи Ӯ дар Ерусалим мебошад.
32БОБИ СИЮ ДУЮМ
Ваъдаҳо ва огоҳиҳо. Подшоҳи Раҳокунанда.
1 Инак, подшоҳ бо адолат салтанат хоҳад ронд,
ва мирон бо инсоф ҳукмронӣ хоҳанд кард.
2 Ва ҳар кас мисли паноҳгоҳе аз бод
ва ниҳонгоҳе аз тӯфон,
мисли ҷӯйҳои об дар саҳрои хушк,
мисли сояи кӯҳпораи бузург дар замини бемаҷол
хоҳад буд.
3 Ва чашмони бинандагон пӯшида нахоҳад шуд,
ва гӯшҳои шунавандагон самъ хоҳад намуд.
4 Ва дили сабукмағзон ба фаҳм кардани дониш
қобил хоҳад шуд,
ва забони сақавҳо ба гуфтани суханони возеҳ
шитоб хоҳад кард.
5 Нокас дигар валинеъмат номида нахоҳад шуд,
ва қаллоб сарватдор хонда нахоҳад шуд;
6 Зеро ки нокас суханони зишт ба забон меронад,
ва дили вай бадкорӣ меандешад,
то ки риёкорӣ кунад ва дар ҳаққи Худованд
суханони куфромез гӯяд,
ҷони гуруснагонро аз нон маҳрум созад
ва оби ташнагонро кашида гирад.
7 Ва қаллоб воситаҳои бадро ба кор мебарад:
вай найрангҳо меандешад,
то ки мискинеро бо суханони дурӯғ нобуд кунад,
гарчанде ки камбағал аз рӯи инсоф сухан меронад.
8 Валекин валинеъмат тадбирҳои олиҳимматона
меандешад,
ва ӯ дар олиҳимматӣ устувор хоҳад буд.
9 Эй занони лоубол, бархоста,
овози маро бишнавед!
Эй духтарони худком,
ба суханони ман гӯш андозед!
10 Эй худкомон! Каме бештар аз як соли дигар
музтариб хоҳед шуд,
зеро ки ангурчинӣ анҷом ёфтааст,
ва мавсими ғунучини меваҳо фаро нахоҳад расид.
11 Эй лоуболон, биларзед!
Эй худкомон, музтариб шавед!
Либоси худро кашида, бараҳна шавед
ва палос бар камар бибандед!
12 Барои мазрааҳои зебо ва токҳои серҳосил
синазанон навҳа хоҳед кард.
13 Бар замини қавми ман хор ва явшон хоҳад рӯид,
ҳамчунин бар ҳамаи хонаҳои дилхушии
шаҳри пурсурур.
14 Зеро ки қасрҳо тарк карда хоҳад шуд;
ғулғулаи шаҳр хотима хоҳад ёфт;
ҳисор ва бурҷи дидбонӣ то абад дар ивази
мағораҳо манзилгоҳи гӯрхарон
ва чарогоҳи чорво хоҳад шуд,
15 То даме ки бар мо рӯҳе аз афроз рехта шавад,
ва биёбон ба боғистон мубаддал гардад,
ва боғистон ҷангал ҳисоб ёбад.
16 Ва он гоҳ инсоф дар биёбон сокин хоҳад шуд,
ва адолат дар боғистон ҷойгир хоҳад гардид.
17 Ва натиҷаи адолат сулҳу осоиштагӣ хоҳад буд,
ва самари адолат — оромӣ ва амният то абад.
18 Ва қавми ман дар макони сулҳу осоиштагӣ,
ва дар масканҳои амният, ва дар оромгоҳҳои
сафобахш ҷойгир хоҳанд шуд.
19 Ва ҳангоми фурӯ ғалтидани ҷангал жола хоҳад борид,
ва шаҳр ба водӣ фурӯд хоҳад омад.
20 Хушо шумо, эй касоне ки назди ҳамаи обҳо
кишт менамоед,
ва пойҳои гову хари худро ба он ҷо равона мекунед!
33БОБИ СИЮ СЕЮМ
Давоми еаъдаҳо ва огоҳиҳо.
1 Вой бар ту, эй тороҷгар,
ки ҳанӯз тороҷ нашудаӣ,
ва эй хиёнатгар, ки дар ҳаққи ту ҳанӯз
хиёнат накардаанд!
Чун тороҷи худро ба итмом расонӣ, тороҷ хоҳӣ шуд;
чун хиёнати худро анҷом диҳӣ, дар ҳаққи ту
хиёнат хоҳанд кард.
2 Худовандо! Ба мо раҳм намо: ба Ту умед бастаем;
ҳар бомдод бозуи мо бош,
ва наҷоти мо низ дар замони тангӣ.
3 Аз овози пурғулғулаи Ту қавмон хоҳанд гурехт;
аз кибриёи Ту халқҳо пароканда хоҳанд шуд.
4 Ва ғанимати шуморо ҷамъ хоҳанд кард,
чунон ки мӯрон ҷамъ мекунанд;
бар он хоҳанд давид, чунон ки анбӯҳи
малахҳо медаванд.
5 Худованд олишон аст, зеро ки сокини афроз аст;
Ӯ Сионро аз инсоф ва адолат пур хоҳад кард.
6 Ва айёми ту бо ганҷи наҷот,
ҳикмат ва дониш устувор хоҳад шуд;
тарси Худованд махзани он хоҳад буд.
7 Инак, зӯроварони онҳо дар кӯчаҳо фарьёд мезананд;
злчиёни сулҳу осоиштагӣ зор‐зор гирья мекунанд.
8 Роҳҳо хароб шудааст; роҳгузаре боқӣ намондааст;
вай аҳдро шикастааст, шаҳрҳоро зеру забар кардааст,
ба мардум беэътиноӣ намудааст.
9 Замин мотам гирифтааст, ноком шудааст;
Лубнон пажмурда шудааст, хушкидааст;
Шорӯн мисли биёбон гардидааст,
ва Бошон ва Кармил баргҳои худро рехтаанд.
10 «Алҳол хоҳам бархост, — мегӯяд Худованд,
алҳол баланд хоҳам шуд, алҳол сууд хоҳам кард.
11 Шумо ба хошок ҳомила шуда, хас хоҳед зоид;
нафаси шумо оташест, ки шуморо хоҳад сӯзонид.
12 Ва қавмон мисли оҳаки сӯхтае хоҳанд буд,
мисли хорҳои бурида дар оташ хоҳанд сӯхт».
13 Эй онҳое ки дур ҳастед, он чиро, ки Ман
кардаам, бишнавед!
Ва эй онҳое ки наздик ҳастед, кудрати Маро бидонед!
14 Гуноҳкорон дар Сион ба ҳарос афтодаанд,
риёкоронро ларза гирифтааст:
«Кист аз мо, ки тавонад дар оташи сӯзон
сокин шавад?
Кист аз мо, ки тавонад дар алангаи абадӣ
сокин шавад?»
15 Касе ки бо роҳи сидқу вафо равон аст
ва аз рӯи ростӣ сухан меронад,
касе ки аз ҳирси истисмор нафрат дорад,
дастҳои худро аз гирифтани ришва нигоҳ медорад,
гӯши худро аз шунидани суханони
оид ба хунрезӣ мебандад
ва чашмони худро аз дидани шарорат мепӯшад, —
16 Вай дар баландиҳо сокин хоҳад шуд;
сахраҳои дастнорас паноҳгоҳи вай хоҳад буд;
нони вай дода хоҳад шуд;
оби вай таъмин хоҳад буд.
17 Чашмони ту Подшоҳро дар зебоин Ӯ хоҳад дид,
ба замини паҳновар нигоҳ хоҳад кард.
18 Дили ту даҳшатҳоро ба хотир хоҳад овард:
«Куҷост он кас, ки мешумурд?
Куҷост он кас, ки баркаш мекард?
Куҷост он кас, ки бурҷҳоро дар шумор меовард?»
19 Кавми ситампешаро дигар нахоҳед дид, —
қавмеро, ки нутқаш мушкил аст, ба тавре ки
кас наметавонад шунавад,
ва забонаш аҷибу ғариб аст, ба тавре ки
кас наметавонад фаҳмад.
20 Ба Сион, ки шаҳри ҷамъомадҳои идонаи мост,
бингар!
Чашмони ту Ерусалимро хоҳад дид,
ки маскани амният
ва хаймаи ноҷунбон аст;
мехҳои вай ҳаргиз канда
ва танобҳояш гусехта нахоҳад шуд.
21 Зеро ки дар он ҷо Худованди неруманд
барои мо мисли макони наҳрҳо
ва рӯдҳои фарохе хоҳад буд,
ки ҳеҷ сафинаи бодбондор дар он дохил
нахоҳад шуд,
ва киштии бузург аз он нахоҳад гузашт.
22 Чунки Худованд довари мост,
Худованд қонунгузори мост,
Худованд подшоҳи мост;
Ӯ моро наҷот хоҳад дод.
23 Танобҳои ту суст шудааст,
ба тавре ки наметавонад пояи сутуни киштиро
маҳкам нигоҳ дорад
ва бодбонро бикшояд.
Он гоҳ ғанимати зиёде тақсим карда хоҳад шуд,
ва ҳатто лангон ба яғмо хоҳанд бурд.
24 Ва сокине нахоҳад гуфт: «Ман бемор ҳастам»;
барои қавме ки дар он ҷо иқомат доранд,
гуноҳашон омурзида хоҳад шуд.
34БОБИ СИЮ ЧОРУМ
Доварӣ бар халқҳо: Ҳармиҷидӯн.
1 Эй халқҳо, наздик омада, бишнавед!
Ва эй қабилаҳо, бодиққат гӯш кунед!
Бигзор замин ва ҳар чи дар он аст, дуньё
ва ҳар чи дар он ба вуҷуд меояд, бишнавад!
2 Зеро ки ғазаби Худованд бар ҳамаи халқҳост,
ва хашми Ӯ бар тамоми лашкари онҳост.
Ӯ онҳоро ба ҳалокат маҳкум кардааст,
ба катл таслим намудааст.
3 Ва мақтулони онҳо партофта хоҳанд шуд,
ва тааффуни ҷасадҳои онҳо хоҳад баромад,
ва қӯҳҳо аз хуни онҳо гудохта хоҳад шуд.
4 Ва тамоми лашкари осмон фано хоҳад шуд,
ва осмон мисли тӯморе хоҳад печид,
ва тамоми лашкари он бетароват гардида,
фурӯ хоҳад ғалтид,
мисли барги ток, ки пажмурда шуда мерезад,
ва мисли меваи хом аз дарахти анҷир.
5 Зеро ки шамшери Ман дар осмон сероб гардидааст:
инак, бар Адӯм ва бар қавме ки ба ҳалокат
маҳкум намудаам,
барои доварӣ меояд.
6 Шамшери Худованд аз хун пур,
аз чарбу фарбеҳ шудааст, — аз хуни мешон ва такаҳо,
аз чарбуи гурдаҳои қӯчқорон:
зеро ки барои Худованд дар Басра забҳ аст,
ва куштори бузурге дар замини Адӯм.
7 Ва говмешон бо онҳо хоҳанд афтод,
ва гӯсолаҳо бо нарговон;
ва заминашон аз хун сероб,
ва хокашон аз чарбу фарбеҳ хоҳад шуд.
8 Зеро ки барои Худованд рӯзи интиқом аст, —
соли подош барои даъвои Сион.
9 Ва наҳрҳои он ба қатрон,
ва хоки он ба кибрит табдил хоҳад ёфт,
ва замини он қатрони сӯзон хоҳад шуд.
10 Шаб ва рӯз хомӯш нахоҳад шуд;
дуди он то абад хоҳад баромад;
аз насл ба насл харобазор хоҳад монд;
то абадуддаҳр касе дар он гузар нахоҳад кард.
11 Ва онро мурғи саққо ва хорпушт тасарруф
хоҳанд намуд;
ва бум ва зоғ дар он сокин хоҳанд шуд;
ва Ӯ ресмони вайронӣ,
ва шоқули харобиро бар он хоҳад кашид.
12 Аз ашрофу аъёнаш, ки ба подшоҳӣ даъват намоянд,
касе дар он ҷо нахоҳад буд;
ва ҳамаи миронаш нест хоҳанд шуд.
13 Ва дар қасрҳояш хорбӯттаҳо хоҳад рӯид,
ва бар қалъаҳояш — газна ва мушхор;
ва он маскани шағолон
ва иқоматгоҳи шутурмурғон хоҳад шуд.
14 Ва дар он гурбаҳои ваҳшӣ ба рӯбоҳон дучор
хоҳанд омад,
ва ғӯл ёри худро хоҳад хонд;
ифрит низ дар он ҷо фароғат хоҳад кард,
ва барои худ оромгоҳ хоҳад ёфт.
15 Дар он ҷо тирмор ошьёна сохта, тухм хоҳад монд,
ва бача бароварда, дар зери сояи худ ҷамъ хоҳад кард;
қарчиғайҳо низ дар он ҷо
яке бо дигаре ҷамъ хоҳанд шуд.
16 Китоби Худовандро бодиққат қироат намуда,
хоҳед дид,
ки ҳеҷ яке аз инҳо кам нахоҳад буд:
яке дигареро гум нахоҳад кард;
зеро ки даҳони Ӯ амр фармудааст,
ва рӯҳи Ӯ онҳоро ҷамъ намудааст.
17 Ва Ӯ барои онҳо қуръа партофтааст,
ва дасти Ӯ онро барои онҳо бо ресмоне
тақсим кардааст;
то абад онро тасарруф хоҳанд намуд,
аз насл ба насл дар он сокин хоҳанд буд.
35БОБИ СИЮ ПАНҶУМ
Ҷалол ёфтани қавми Худо баъд аз андӯҳҳо.
Ҷамъ шудани Исроил.
1 Биёбон ва саҳрои хушк ба ваҷд хоҳад омад,
ва чӯл шод хоҳад гардид,
мисли гули савсан хоҳад шукуфт;
2 Гул‐гул шукуфта ва шод гардида,
аз хурсандӣ ва тараннум пур хоҳад шуд;
ҷалоли Лубнон ва шавкати Кармил
ва Шорӯн ба вай ато хоҳад шуд;
онҳо ҷалоли Худованд
ва шавкати Худои моро хоҳанд дид.
3 Дастҳои беқувватро қавӣ кунед,
ва зонуҳои ларзонро тақвият диҳед.
4 Ба дилҳои тарсончак бигӯед:
«Қавӣ бошед! Натарсед!
Инак, Худои шумо бо интиқом меояд,
бо подоши илоҳии Худ меояд:
Ӯ омада, шуморо наҷот хоҳад дод».
5 Он гоҳ чашмони кӯрон кушода хоҳад шуд,
гӯшҳои карон воз хоҳад шуд.
6 Он гоҳ ланг мисли гавазн ҷастухез хоҳад кард,
ва забони гунг тараннум хоҳад намуд,
зеро ки обҳо дар биёбон,
ва рӯдҳо дар чӯл ҷӯш хоҳад зад.
7 Ва сароб ба кӯл табдил хоҳад ёфт,
ва хушкӣ — ба чашмаҳои об;
дар маскане ки шағолон мехобанд,
маконе барои най ва қамиш хоҳад буд.
8 Ва дар он ҷо шоҳроҳе ва ҷоддае хоҳад буд,
ва он роҳи муқаддас номида хоҳад шуд;
наҷисе аз он нахоҳад гузашт;
балки он барои онҳо хоҳад буд,
ва ҳар кӣ бо ин роҳ равад, ҷоҳил бошад ҳам,
гумроҳ нахоҳад шуд.
9 Шере дар он ҷо нахоҳад буд,
ва ҳайвони даррандае бар он нахоҳад баромад
ва дар он ҷо ёфт нахоҳад шуд,
балки растагорон бар он қадамгузор хоҳанд шуд.
10 Ва растагорони Худованд баргашта,
бо тараннум ба Сион хоҳанд омад,
ва хурсандии абадӣ бар сари онҳо хоҳад буд;
онҳо ба шодӣ ва хурсандӣ ноил хоҳанд гардид,
ва андӯху фиғон нест хоҳад шуд.
36БОБИ СИЮ ШАШУМ
Тохтутози Санҳериб.
1 Дар соли чордаҳуми подшоҳ Ҳизқиё воқеъ шуд, ки Санҳериб, подшоҳи Ашшур, бар ҳамаи шаҳрҳои истеҳкомдори Яхудо ҳуҷум оварда, онҳоро забт намуд.
2 Ва подшоҳи Ашшур Рабшоқеро аз Локиш ба Ерусалим назди подшоҳ Ҳизқиё бо лашкари азиме фиристод, ва ӯ назди ҷӯи ҳавзи боло, дар роҳи саҳрои козар истод.
3 Ва Ильёқим ибни Ҳилқиё, ки нозири боргоҳ буд, ва Шебнои мирзо ва Юоҳ ибни Ософи вақоеънавис назди ӯ берун омаданд.
Таклифи Рабшоқе.
4 Ва Рабшоқе ба онҳо гуфт: «Ба Ҳизқиё бигӯед: „Подшоҳи бузург, подшоҳи Ашшур чунин мегӯяд: ин чӣ таваккалест, ки бар он таваккал кардаӣ?
5 Ман мегӯям: оё ин хама суханони ботил ба ҷои машварат ва қуввати ҷанг аст? Пас кист, ки бар вай таваккал карда, ба ман осӣ шудаӣ?
6 Инак, бар ин асои наи нимшикаста, яъне бар Миср таваккал мекунӣ, ки агар касе бар он такья кунад, ба дасташ халида, онро захмдор месозад; чунин аст фиръавн, подшоҳи Миср, барои ҳамаи онҳое ки бар ӯ таваккал мекунанд.
7 Ва агар ба ман гӯӣ, ки бар Худованд Худои мо таваккал мекунем, — Ӯ оё ҳамон нест, ки минбарҳо ва қурбонгоҳҳояшро Ҳизқиё аз миён бардошта, ба Яҳудия ва Ерусалим гуфтааст: фақат пеши ин қурбонгоҳ саҷда намоед?
8 Ва акнун, лутфан, бо оғои ман, подшоҳи Ашшур, шарт бибанд, ва ман ду ҳазор асп ба ту хоҳам дод, агар ту барои худ саворонро бар онҳо тавонӣ ба даст оварӣ.
9 Пас, чӣ гуна ту мехоҳӣ рӯи пошо, яъне яке аз хурдтарин бандагони оғои маро баргардонӣ, ва бар Миср барои аробаҳо ва саворон таваккал намоӣ?
10 Ва оё ман алҳол бе изни Худованд бар ин замин ҳуҷум овардаам, то ки онро хароб кунам? Худованд ба ман гуфтааст: бар ин замин ҳуҷум овар ва онро хароб кун!“»
11 Ва Ильёқим ва Шебно ва Юоҳ ба Рабшоқе гуфтанд: «Бо бандагони худ ба забони арамӣ гуфтугузор кун, зеро ки онро мефаҳмем; ва бо мо ба забони яҳудӣ дар гӯши қавме ки бар ҳисор мебошанд, гуфтугузор накун».
12 Ва Рабшоқе гуфт: «Оё оғои ман маро фақат назди оғои ту ва назди ту фиристодааст, то ки ин суханонро бигӯям? Не, назди ин мардум низ фиристодааст, ки бар ҳисор нишастаанд, ва ҳамчун шумо наҷосати худро хоҳанд хӯрд ва пешоби худро хоҳанд нӯшид».
13 Ва Рабшоқе бархост ва бо овози баланд ба забони яҳудӣ фарьёд зада, гуфт: «Суханони подшоҳи бузург, подшоҳи Ашшурро бишнавед!
14 Подшоҳ чунин мегӯяд: „Бигзор Ҳизқиё шуморо фирефта накунад, зеро ки ӯ наметавонад шуморо раҳо намояд;
15 Ва бигзор Ҳизқиё шуморо ба Худованд умедвор карда, нагӯяд, ки Худованд моро ба яқин раҳо хоҳад намуд, ва ин шаҳр ба дасти подшоҳи Ашшур таслим нахоҳад шуд.
16 Ба Ҳизқиё гӯш надиҳед, зеро ки подшоҳи Ашшур чунин мегӯяд: бо ман мусолиҳа намоед ва пеши ман берун оед; ва ҳар яке меваи токи худро, ва ҳар яке анҷири худро хоҳед хӯрд, ва ҳар яке аз оби чоҳи худ хоҳед нӯшид,
17 То вақте ки ман биёям ва шуморо гирифта, ба замине монанди замини худатон, ба замини ғалла ва шарбат, ба замини нон ва токзор бибарам.
18 Мабодо Ҳизқиё шуморо фирефта карда, гӯяд: Худованд моро раҳо хоҳад намуд! Оё худоёни халқҳо, ҳар яке замини худро, аз дасти подшоҳи Ашшур раҳо кардаанд?
19 Худоёни Ҳамот ва Арпод куҷоянд? Худоёни Сефарвоим куҷоянд? Ва оё Сомарияро аз дасти ман раҳо кардаанд?
20 Аз ҳамаи худоёни ин заминҳо кист, ки замини худро аз дасти ман раҳо карда бошад? Пас наход ки Худованд Ерусалимро аз дасти ман метавонад раҳо кунад?“»
21 Валекин онҳо хомӯш монда, ба ҷавоби вай сухане нагуфтанд, зеро подшоҳ амр фармуда гуфта буд, ки «ба вай ҷавоб надиҳед».
22 Ва Ильёқим ибни Ҳилқиё, ки нозири боргоҳ буд, ва Шебнои мирзо, ва Юоҳ ибни Ософи вақоеънавис бо ҷомаҳои чокзада назди Ҳизқиё омаданд, ва суханони Рабшоқеро ба ӯ гуфтанд.
37БОБИ СИЮ ҲАФТУМ
Бар тибқи дуои Ҳизқиё қуввати Санҳериб шикаст хӯрд.
1 Ва воқеъ шуд, ки чун подшоҳ Ҳизқиё инро шунид, либоси худро чок зад, ва палос пӯшид, ва ба хонаи Худованд даромад.
2 Ва Ильёқими нозири боргоҳ ва Шебнои мирзо ва коҳинони пиронсолро, ки палос пӯшида буданд, назди набӣ, Ишаъё ибни Омӯс, фиристод.
3 Ва онҳо ба вай гуфтанд: «Ҳизқиё чунин мегӯяд: „Имрӯз рӯзи тангӣ ва ҷазо ва таҳқир аст, зеро ки кӯдакон ба дами валодат расидаанд, вале қуввати зоидан нест.
4 Шояд, Худованд, Худои ту, суханони Рабшоқеро, ки оғояш подшоҳи Ашшур ӯро барои таҳқир кардани Худои Ҳай фиристодааст, бишнавад ва ӯро аз барои суханоне ки Худованд, Худои ту, шунидааст, ҷазо диҳад; пас, барои ин бақияе ки вуҷуд доранд, дуое бигӯй“».
Худованд иродаи Худро ба Ишаъё ошкор мекунад.
5 Ва бандагони подшоҳ Ҳизқиё назди Ишаъё омаданд.
6 Ва Ишаъё ба онҳо гуфт: «Ба оғои худ чунин бигӯед: „Худованд чунин мегӯяд: аз суханоне ки шунидаӣ, ки навкарони подшоҳи Ашшур Маро бо онҳо дашном додаанд, натарс.
7 Инак, рӯҳе бар ӯ мефиристам, ва ӯ овозае шунида, ба замини худ хоҳад баргашт, ва ӯро дар заминаш бо дами шамшер нобуд хоҳам кард“».
Санҳериб бо Ҳизқиё ба гуфтушунид шурӯъ менамояд.
8 Ва Рабшоқе баргашт, ва подшоҳи Ашшурро дар вазъияте ёфт, ки бо Либно ҷанг мекард, зеро шунида буд, ки аз Локиш ақиб рафтааст.
9 Ва ӯ дар бораи Тирҳоқо, подшоҳи Ҳабаш, хабаре шунид, ки яъне: «Берун омадааст, то ки бо ту ҷанг кунад»; ва чун шунид, элчиён назди Ҳизқиё фиристода, гуфт:
10 «Ба Ҳизқиё, подшоҳи Яҳудия, чунин бигӯед: „Бигзор Худоят туро фирефта накунад, ки ту ба Ӯ таваккал намуда мегӯӣ: Ерусалим ба дасти подшоҳи Ашшур таслим нахоҳад шуд.
11 Инак, ту шуниданӣ, ки подшоҳони Ашшур бо ҳамаи кишварҳо чиҳо кардаанд, то ки сокинонашонро маҳв намоянд; ва оё ту раҳо хоҳӣ шуд?
12 Оё худоёни халқҳое ки падарони ман несту нобуд кардаанд, онҳоро, яъне: Ҷӯзон ва Ҳорон ва Расаф ва банӣ‐Аданро, ки дар Талассор буданд, раҳоӣ доданд?
13 Подшоҳи Ҳамот ва подшоҳи Арпод ва подшоҳи шаҳри Сефарвоим, Ҳенаъ ва Ивво куҷоянд?“»
Дуои Ҳизқиё ва ҷавоби Худованд ба воситаи Ишаъё.
14 Ва Ҳизқиё номаро аз дасти элчиён гирифт, ва онро хонд, ва ба хонаи Худованд даромад, ва онро ба ҳузури Худованд густаронид.
15 Ва Ҳизқиё назди Худованд дуо хонда, гуфт:
16 «Эй Худованди лашкарҳо, Худои Исроил, ки бар каррубиён нишастаӣ! Туӣ, ки бар ҳамаи мамлакатҳои замин Худои ягона ҳастӣ; Ту осмон ва заминро офаридаӣ.
17 Гӯши Худро, эй Худованд, хам карда, бишнав; чашмони Худро, эй Худованд, кушода, бубин; ва ҳамаи суханони Санҳерибро, ки барои таҳқир кардани Худои Ҳай фиристодааст, бишнав.
18 Худовандо! Дуруст аст, ки подшоҳони Ашшур ҳамаи кишварҳо ва замини худашонро хароб кардаанд,
19 Ва худоёни онҳоро дар оташ андохтаанд, зеро ки онҳо Худо набуданд, балки маснӯи дастҳои одам, ва чӯб ва санг буданд, бинобар ин онҳоро несту нобуд кардаанд.
20 Ва акнун, эй Худованд Худои мо, моро аз дасти вай наҷот деҳ, то ҳамаи мамлакатҳои замин бидонанд, ки Ту Худованди ягона ҳастӣ».
21 Ва Ишаъё ибни Омӯс назди Ҳизқиё кас фиристода, гуфт: «Худованд, Худои Исроил, чунин мегӯяд: азбаски назди Ман дар бораи Санҳериб, подшоҳи Ашшур, дуо гуфтӣ,
22 Чунин аст сухане ки Худованд дар бораи вай гуфтааст:
духтари бокираи Сион аз ту нафрат намуда,
туро тамасхур кардааст,
ва духтари Ерусалим
аз қафои ту сар ҷунбонидааст!
23 Киро ту таҳқир намудаӣ ва дашном додаӣ?
Ва дар ҳаққи кӣ овоз баланд кардаӣ
ва чашмони худро боло бардоштаӣ?
Дар ҳаққи Куддуси Исроил!
24 Ба воситаи бандагони худ Худовандро таҳқир
намуда, гуфтаӣ:
„Бо анбӯҳи аробаҳои худ ман ба қуллаи кӯҳҳо,
бар ақсои Лубнон баромадаам,
ва арзҳои болобаланд ва сарвҳои гузини онро
буридаам,
ва ба қуллаи баландтарини он, ба боғистони
ҳосилхези он расидаам;
25 Ва ман чоҳ канда, об нӯшидаам;
ва бо кафи пойҳои худ
ҳамаи наҳрҳои Мисрро хушк хоҳам кард“.
26 Оё ту нашнидаӣ,
ки Ман аз замони пеш инро қарор додаам,
аз қадимулайём инро пешбинӣ намудаам,
ва ҳоло инро тавре ба амал овардаам,
ки ту шаҳрҳои истеҳкомдорро валангор карда,
ба харобазор табдил медиҳӣ?
27 Ва сокинони онҳо камқувват, ҳаросон ва хиҷил шудаанд:
онҳо мисли алафи саҳро ва майсаи навхез,
ва сазбаи болои бомҳо, ва мисли киштзоре ки
пеш аз хӯша бастанаш хушк шуда бошад,
гардидаанд.
28 Вале Ман нишастани туро,
ва баромадани туро, ва даромадани туро медонам;
ва адоватеро, ки ба Ман дорӣ.
29 Азбаски адовате ки ба Ман дорӣ,
ва лоуболии ту ба гӯши Ман расидааст,
бинобар ин маҳори Худро ба бинии ту,
ва ҷилави Худро ба даҳони ту хоҳам зад,
ва туро бо роҳе ки омадаӣ, хоҳам баргардонид.
30 Ва аломат барои ту, эй Ҳизқиё, чунин аст: имсол ғаллаи худрӯй хоҳед хӯрд, ва дар соли дуюм — он чи аз он бирӯяд; вале дар соли сеюм кишт кунед ва дарав намоед, ва токҳо шинонед ва меваи онҳоро бихӯред.
31 Ва растагорони хонадони Яҳудо, ки боқӣ мондаанд, аз нав дар поён реша хоҳанд давонид, ва дар боло мева хоҳанд овард,
32 Зеро ки бақия аз Ерусалим, ва растагорон аз кӯҳи Сион ба вуҷуд хоҳанд омад. Рашки Худованди лашкарҳо инро ба амал хоҳад овард.
33 Бинобар ин Худованд дар бораи подшоҳи Ашшур чунин мегӯяд: вай ба ин шаҳр ворид нахоҳад шуд, ва ба он ҷо тир нахоҳад андохт, ва назди он бо сипар нахоҳад омад, ва дар муқобили он хокрез барпо нахоҳад кард.
34 Бо кадом роҳе ки омадааст, бо ҳамон хоҳад баргашт, валекин ба ин шаҳр ворид нахоҳад шуд, — мегӯяд Худованд.
35 Ва Ман ин шаҳрро ҳимоят хоҳам кард, то ки онро ба хотири Худам ва ба хотири бандаи Худ Довуд наҷот диҳам».
36 Ва фариштаи Худованд берун омада, дар ӯрдуи Ашшур саду ҳаштоду панҷ ҳазор нафарро зарба зад; ва субҳидам бархостанд, ва инак, ҳамаашон ҷасадҳои мурда буданд.
37 Ва Санҳериб, подшоҳи Ашшур, ақиб нишаста, раҳсипор шуд, ва бозгашта, дар Нинве сукунат кард.
38 Ва воқеъ шуд, ки чун ӯ дар хонаи Нисрӯк, худои худ, саҷда мекард, писаронаш Адрмалик ва Шаросир ӯро бо шамшер куштанд, ва худашон ба замини Аророт гурехтанд; ва писараш Асарҳадӯн ба ҷои ӯ подшоҳ шуд.
38БОБИ СИЮ ҲАШТУМ
Бемории Хизқиё ва шифо ёфтани ӯ.
1 Дар он айём Ҳизқиё бемор шуда, наздик ба мурдан буд; ва набӣ, Ишаъё ибни Омӯс, назди ӯ омада, ба ӯ гуфт: «Худованд чунин мегӯяд: барои аҳли байти худ васият намо, зеро ки ту хоҳӣ мурд ва шифо нахоҳӣ ёфт».
2 Ва Ҳизқиё рӯи худро ба девор гардонида, сӯи Худованд дуо хонд,
3 Ва гуфт: «Лутфан, эй Худованд, ба ёд овар, ки чӣ гуна ман ба ҳузури Ту бо ростӣ ва аз самими қалб рафтор намудаам, ва он чи дар назари Ту мақбул буд, ба амал овардаам». Ва Ҳизқиё зор‐зор гирист.
4 Ва каломи Худованд бар Ишаъё нузул карда, гуфт:
5 «Бирав ва ба Ҳизқиё бигӯй: Худованд, Худои падарат Довуд, чунин мегӯяд: дуои туро шунидам, ашкҳои туро дидам. Инак, Ман бар рӯзҳои ту понздаҳ сол илова менамоям.
6 Ва туро ва ин шаҳрро аз дасти подшоҳи Ашшур раҳо хоҳам намуд, ва ин шаҳрро ҳимоят хоҳам кард.
7 Ва аломат аз ҷониби Худованд дар бораи он ки Худованд каломеро, ки гуфтааст, ба амал хоҳад овард, барои ту чунин аст:
8 Инак, Ман сояи зинаҳоро, ки аз офтоб бар зинаҳои Оҳоз+ 38:8 Зинаҳои Оҳоз — соати офтобие ки дар замони подшоҳ Оҳоз сохта буданд; он аз ду қатор зинаҳо иборат буда, назди ҳар қатор деворе буд, ва аз рӯи сояе ки аз девор бар зинаҳо меафтод, соатро мефаҳмиданд. фуромадааст, даҳ зина қафо мегардонам». Ва офтоб аз зинаҳое ки фуромада буд, даҳ зина қафо гашт.
9 Таронаи Ҳизқиё, подшоҳи Яҳудо, вақте ки ӯ бемор шуд ва аз бемории худ шифо ёфт:
10 Ман гуфтам, ки дар миёнаи рӯзҳои худ
ба дарвозаи дӯзах хоҳам рафт:
ман аз бақияи солҳои худ маҳрум шудаам.
11 Ман гуфтам, ки Худовандро дигар нахоҳам дид, —
Худовандро дар замини зиндаҳо;
дар миёни сокинони дуньё инсонро дигар нахоҳам дид;
12 Маскани ман барканда шудааст
ва мисли хаймаи чӯпон аз ман дур рафтааст;
мисли бофандае ман риштаи умри худро
кӯтоҳ кардаам;
Ӯ маро аз навард хоҳад бурид;
аз рӯз то шаб Ту кори маро тамом хоҳӣ кард.
13 То субҳ ман сокит будам;
мисли шер Ӯ ҳамаи устухонҳои маро хоҳад шикаст;
аз рӯз то шаб Ту кори маро тамом хоҳӣ кард.
14 Мисли фароштурук, мисли лайлак ман садо
мебаровардам,
мисли кабӯтар нолиш мекардам;
чашмонам сӯи афроз баланд мешуд:
Худовандо! Гирифтори ситам ҳастам;
маро халосӣ бидеҳ.
15 Чӣ метавонам бигӯям?
Ӯ ба ман гуфт — ва Ӯ ба ҷо овард.
Тамоми солҳои худро бо талхии ҷонам
оҳиста‐оҳиста ба сар хоҳам бурд.
16 Худовандо! Бо ин чизҳо зиндагӣ мекунанд,
ва ҳаёти рӯхи ман бо ҳамаи инҳост;
ва Ту маро шифо бидеҳ ва ба ман ҳаёт бибахш.
17 Инак, талхӣ барои ман ба саломатӣ мубаддал шуд,
ва Ту лутф намуда, ҷони маро аз чоҳи ҳалокат
баровардӣ,
чунки ҳамаи гуноҳҳои маро ба пушти Худ партофтӣ.
18 Зеро ки дӯзах Туро ҳамд намегӯяд,
мамот Туро ситоиш намекунад,
ба гӯр фурӯ рафтагон ростии Туро интизор надоранд.
19 Зинда, фақат зинда Туро ҳамд мегӯяд,
чунон ки ман имрӯз мегӯям;
падар ба писаронаш ростии Туро мефаҳмонад.
20 Худованд маро наҷот медиҳад,
ва сурудҳоямро тамоми рӯзҳои ҳаёти худ
дар хонаи Худованд хоҳам хонд.
21 Ва Ишаъё гуфт: «Бигзор кулӯлае аз анҷирқоқ биёранд, ва бар захм бимоланд, ва ӯ шифо хоҳад ёфт».
22 Ва Ҳизқиё гуфт: «Аломати он ки ба хонаи Худованд хоҳам рафт, чист?»
39БОБИ СИЮ НӮҲУМ
Хатои Ҳизқиё. Пешгӯӣ дар бораи асирии Бобил.
1 Дар он замон Мерӯдак Балъадон ибни Балъадон, подшоҳи Бобил, ба Ҳизқиё нома ва ҳадия фиристод, зеро шунида буд, ки вай бемор будааст ва сиҳат ёфтааст.
2 Ва Ҳизқиё аз онҳо хурсанд шуд, ва хазинахонаи худро: нуқра ва тилло, ва атриёт ва равғани аъло, ва тамоми қӯрхонаи худ, ва ҳар чиро, ки дар хазоини ӯ ёфт мешуд, ба онҳо нишон дод; ҷизе набуд, ки Ҳизқиё ба онҳо дар хонаи худ ва дар тамоми қаламрави худ нишон надода бошад.
3 Ва Ишаъёи набӣ назди подшоҳ Ҳизқиё омад, ва ба ӯ гуфт: «Ин одамон чӣ гуфтанд? Ва аз куҷо назди ту омадаанд?» Ва Ҳизқиё гуфт: «Аз кишвари дур, аз Бобил онҳо назди ман омадаанд».
4 Ва Ишаъё гуфт: «Дар хонаи ту чӣ диданд?» Ва Ҳизқиё гуфт: «Ҳар он чи дар хонаи ман ҳаст, диданд; чизе дар хазоини ман намонд, ки ба онҳо нишон надода бошам».
5 Ва Ишаъё ба Ҳизқиё гуфт: «Каломи Худованди лашкарҳоро бишнав:
6 Инак, рӯзҳо меояд, ва ҳар он чи дар хонаи туст, ва он чи падаронат то имрӯз андӯхтаанд, ба Бобил бурда хоҳад шуд; чизе боқӣ нахоҳад монд, — мегӯяд Худованд.
7 Ва аз писаронат, ки аз ту ба вуҷуд оянд, ва ту онҳоро ба дуньё оварӣ, хоҳанд гирифт, — ва онҳо дар қасри подшоҳи Бобил хоҷасаро хоҳанд шуд».
8 Ва Ҳизқиё ба Ишаъё гуфт: «Каломи Худованд, ки ту ба забон рондӣ, барҳақ аст». Ва гуфт: «Бигзор дар рӯзҳои ман осоиштагӣ ва пояндагӣ бошад!»
40БОБИ ЧИЛУМ
Нубувват дар бораи Яҳьёи Таъмиддиҳанда.
1 Тасаллӣ диҳед, қавми маро тасаллӣ диҳед,
— мегӯяд Худои шумо.
2 Суханони дилпазир ба Ерусалим гӯед
ва ба вай зълон намоед, ки мӯҳлати муборизаи
вай пур шудааст,
гуноҳаш подош ёфтааст,
зеро ки вай барои ҳамаи хатоҳояш
аз дасти Худованд дучандон ҷазо дидааст.
3 Овозе нидо мекунад: «Дар биёбон роҳе барои
Худованд тайёр кунед,
тариқе барои Худои мо дар саҳро ҳамвор кунед!
4 Ҳар дара баланд ва ҳар кӯҳ ва теппа
паст хоҳад шуд,
ва партгоҳ ба дашт
ва силсилаи кӯҳҳо ба водӣ табдил хоҳад ёфт.
5 Ва ҷалоли Худованд зоҳир хоҳад шуд,
ва ҳар ҷисм якбора онро хоҳад дид,
зеро ки даҳони Худованд инро гуфтааст».
Дар бораи кибриёи Худо ва сустии инсон.
6 Овоз мегӯяд: «Эълон намо!»
Ва гуфтам: «Чиро эълон намоям?»
Ҳар ҷисм мисли алаф аст, ва тамоми ҳусни он
мисли гули саҳро.
7 Алаф хушк мешавад, гул пажмурда мегардад,
вақте ки боде аз ҷониби Худованд бар он бивазад:
ба яқин, қавм низ алаф ҳастанд.
8 Алаф хушк мешавад, гул пажмурда мегардад,
вале каломи Худои мо то абад қоим хоҳад буд.
9 Бар кӯҳи баланд баро,
эй мубашшираи Сион!
Овозатро бо тамоми қувват баланд кун,
эй мубашшираи Ерусалим!
Баланд кун, натарс,
ба шаҳрҳои Яхудо бигӯй:
«Инак, Худои шумо!»
10 Инак, Худованд Худо бо кудрат меояд,
ва бозуи Ӯ барои Ӯ хукмронӣ мекунад.
Инак, мукофоти Ӯ бо Ӯст,
ва подоши Ӯ пеши Ӯст.
11 Ӯ мисли чӯпоне рамаи Худро хоҳад чаронид,
баррагонро бо бозуи Худ ҷамъ карда,
дар оғӯши Худ хоҳад гирифт,
мешони ширдеҳро роҳнамоӣ хоҳад намуд.
12 Кист, ки обҳоро бо мушташ андоза намудааст,
ва афлокро бо ваҷаб паймудааст,
ва хоки заминро дар ченаке гунҷонидааст,
ва кӯҳҳоро бо каппон
ва теппаҳоро бо паллаи тарозу баркашидааст?
13 Кист, ки рӯҳи Худовандро андоза намудааст,
ва мушовири Ӯ гардидааст, ва Ӯро таълим додааст?
14 Ӯ бо кӣ машварат кардааст, ва кист, ки ба Ӯ
хирад бахшидааст,
ва тариқи адлу инсофро ба Ӯ таълим додааст,
ва ба Ӯ дониш омӯхтааст, ва роҳи дурустиҳоро
ба Ӯ ёд додааст?
15 Халқҳо, охир, мисли қатрае аз сатил
ва мисли гарде бар тарозу ҳисоб меёбанд.
Ҷазираҳоро, охир, Ӯ мисли ғуборе мебардорад.
16 Ва Лубнон барои ҳезуми қурбонгоҳ кифоят намекунад,
ва ҳайвоноти он барои қурбониҳои сӯхтанӣ басанда нест.
17 Ҳамаи халқҳо пеши Ӯ ночизанд,
дар назари Ӯ ҳеҷу пуч ҳисоб меёбанд.
18 Пас, Худоро ба кӣ монанд мекунед?
Ва чӣ гуна ташбеҳро ба Ӯ баробар медонед?
19 Бутро рехтагар мерезад,
ва заргар онро бо тилло мепӯшонад,
ва занҷирҳои нуқра барояш месозад.
20 Бенавое ки чунин ҳадия барояш дастнорас аст,
чӯберо, ки намепӯсад, хуш мекунад,
наҷҷори моҳире барои худ меёбад,
то буте бисозад, ки поянда бошад.
21 Магар намедонед? Магар шумо нашнидаед?
Магар аз аввал ба шумо гуфта нашудааст?
Магар аз буньёди замин фаҳм надоред?
22 Ӯ Ҳамон аст, ки бар доираи замин нишастааст,
ва сокинони он мисли малах мебошанд;
Ӯ афлокро мисли чодире густурдааст,
ва онро мисли хаймае барои сукунат барафроштааст.
23 Ӯ миронро ночиз мегардонад,
доварони заминро ҳеҷу пуч месозад.
24 Гӯё ки онҳо ҳанӯз шинонда нашуда бошанд,
ҳанӯз кошта нашуда бошанд,
гӯё ки танаи онҳо ҳанӯз дар замин
реша надавонда бошад, —
ҳамин ки ӯ бар онҳо боде вазонид, онҳо хушк шуданд,
ва тундбод онҳоро мисли пари коҳе гирифта бурд.
25 Пас, Маро ба кӣ монанд мекунед,
то ки Ман ба вай баробар бошам? — мегӯяд Куддус.
26 Чашмони худро сӯи афроз баланд карда, бубинед:
кист, ки инҳоро офаридааст?
Ӯ лашкари онҳоро ба шумор берун меоварад,
ҳамаи онҳоро бо номҳошон мехонад;
аз бузургии қувват ва тавоноии кудрати Ӯ
ҳеҷ яке аз онҳо ниҳон нахоҳад шуд.
27 Пас чаро, эй Яъқуб, ба забон меронӣ,
ва эй Исроил, мегӯӣ:
«Роҳи ман аз назари Худованд гум шудааст,
ва даъвои ман аз Худои ман дур афтодааст»?
28 Магар ту намедонӣ? Магар ту нашнидаӣ?
Худованд, Худои ҷовид, ки ақсои заминро офаридааст,
хаста намешавад ва лакот намегардад;
хиради Ӯ таҳқиқнопазир аст.
29 Ӯ хастаро қувват мебахшад,
ва ба бемаҷол тавоноӣ афзун мекунад.
30 Ҳатто амрадон хаста мешаванд ва лакот мегарданд,
ва ҷавонмардон тамоман фурӯ меғалтанд,
31 Валекин умедворони Худованд қуввати тоза
пайдо мекунанд,
мисли уқобон бол меафшонанд,
медаванд ва бемаҷол намегарданд,
қадам мезананд ва хаста намешаванд.
41БОБИ ЧИЛУ ЯКУМ
Давоми он.
1 Эй ҷазираҳо, ба ҳузури Ман хомӯш монед;
ва бигзор қабилаҳо қуввати тоза пайдо кунанд
ва наздик омада, гӯянд:
якҷоя муҳокима хоҳем кард.
2 Кист, ки шахсеро аз шарқ барангехтааст,
ки вай дар ҳар қадамаш ба зафар дучор меояд?
Кист, ки халқҳоро пеши вай таслим намудааст,
ва подшоҳонро фурӯд овардааст?
Вай онҳоро бо дами шамшери худ
мисли ғуборе мегардонад
ва бо камони худ мисли коҳрезае ки пароканда
мешавад.
3 Вай онҳоро таъқиб намуда,
аз роҳе ки ҳаргиз пои худро намондааст,
ба саломатӣ мегузарад.
4 Кист, ки инро иҷро кардааст ва ба амал овардааст? —
Ӯ, ки наслҳоро аз азал даъват намудааст!
Ман, ки Худованд ҳастам, аввалинам,
ва бо охиринҳо Ман ҳамон хоҳам буд.
5 Ҷазираҳо дидаанд ва ҳаросон шудаанд,
ақсои замин ба ларза афтодаанд,
онҳо наздик омада, муттаҳид гардидаанд.
6 Яке ба дигаре мадад мекунад
ва ба бародари худ мегӯяд: «Қавидил бош!»
7 Ва рехтагар — заргарро,
чакушзани сайқалгар сандонкӯбро тақвият медиҳад
ва дар бораи кафшер мегӯяд: «Хуб аст»,
ва онро бо мехҳо мустаҳкам мекунад,
то ки поянда бошад.
8 Валекин ту, эй бандаи Ман Исроил,
ва эй Яъқуб, ки туро баргузидаам,
ва эй насли дӯсти Ман Иброҳим,
9 Ки туро аз ақсои замин гирифтаам,
ва туро аз канорҳои он даъват намудаам,
ва ба ту гуфтаам: «Ту бандаи Ман ҳастӣ,
Ман туро баргузидаам»,
ва туро тарк накардаам,
10 Натарс, зеро ки Ман бо ту ҳастам;
наларз, зеро ки Ман Худои ту ҳастам:
Ман туро тақвият хоҳам намуд, ва туро ёварӣ хоҳам дод,
ва туро бо ямини адолати Худ дастгирӣ хоҳам кард.
11 Инак, ҳамаи онҳое ки бар ту ғазаб доранд,
хиҷил ва расво хоҳанд шуд,
ва онҳое ки бо ту ҷидол мекунанд, нест шуда,
беному нишон хоҳанд рафт;
12 Онҳоеро, ки бо ту талош менамоянд,
чустуҷӯ карда, нахоҳӣ ёфт,
ва онҳое ки бо ту ҷанг мекунанд,
несту нобуд хоҳанд шуд,
13 Зеро Ман, ки Худованд Худои ту ҳастам,
ямини туро гирифта,
ба ту мегӯям: «Натарс, Ман туро ёварӣ хоҳам дод».
14 Натарс, эй кирми Яъқуб,
эй бақияи камшумори Исроил!
Ман туро ёварӣ хоҳам дод, — мегӯяд Худованд, —
ва Қуддуси Исроил туро хоҳад раҳонид.
15 Инак, Ман туро ғаллакӯбаки тези нави
дандонадоре гардонидаам:
ту кӯҳҳоро кӯфта, гард‐гард хоҳӣ кард,
ва теппаҳоро мисли коҳ реза хоҳӣ сохт;
16 Онҳоро бод хоҳӣ дод, ва бод онҳоро хоҳад бардошт,
ва тундбод онҳоро пароканда хоҳад кард;
ва ту аз Худованд ба ваҷд хоҳӣ омад,
аз Қуддуси Исроил фахр хоҳӣ кард.
17 Бенавоён ва мискинон об металабанд, вале нест:
Забонашон аз ташнагӣ хушк мешавад.
Ман, ки Худованд ҳастам, онҳоро иҷобат хоҳам намуд.
Ман, ки Худои Исроил ҳастам,
онҳоро тарк нахоҳам кард.
18 Бар теппаҳои беоб наҳрҳо,
ва дар миёни водиҳо чашмаҳо хоҳам кушод:
биёбонро ба кӯли об,
ва замини хушкидаро ба чашмаҳои об
табдил хоҳам дод.
19 Дар биёбон арз, ақоқиё,
ос ва зайтуни ёбоӣ хоҳам шинонид;
дар саҳро сарв,
коҷ ва шамшодро якҷоя хоҳам рӯёнид,
20 То мардум бубинанд, ва бидонанд,
ва диққат диҳанд ва якҷоя фаҳм кунанд,
ки дасти Худованд инро ба амал овардааст,
ва Куддуси Исроил инро офаридааст.
21 Даъвои худро арз намоед,
— мегӯяд Худованд.
Далелҳои қатъии худро пешниҳод кунед,
— мегӯяд Подшоҳи Яъқуб.
22 Бигзор бутҳо он чиро, ки рӯй хоҳад дод,
ба мо пешниҳод карда, баён намоянд;
вақоеи пешина чист? —
бигӯед, ва мо фикр ронда,
оқибати онро хоҳем донист;
ё ки вақоеи ояндаро ба мо пешгӯӣ намоед.
23 Он чиро, ки баъд аз ин ба вуқӯъ хоҳад омад,
баён кунед,
ва мо хоҳем донист, ки шумо худо ҳастед;
ягон кори неке ё баде бикунед,
то ки мабҳут шавем ва якҷоя бубинем.
24 Аммо шумо ночиз ҳастед,
ва амали шумо ҳеҷу пуч аст,
ва ҳар кӣ шуморо ихтиёр кунад, зишт аст.
25 Ман шахсеро аз шимол барангехтам, ва ӯ хоҳад омад,
аз самти тулӯи офтоб исми Маро хоҳад хонд,
ва миронро мисли лое лагадкӯб хоҳад кард,
ва монанди кӯзагаре хоҳад буд,
ки гилро поймол мекунад.
26 Кист, ки аз ибтидо гуфтааст, то мо бидонем,
ва пешакӣ хабар додааст, то мо бигӯем:
«Ҳақ асту рост»?
Аммо ҳеҷ кас нагуфтааст,
ҳеҷ кас хабар надодааст,
ҳеҷ кас суханони шуморо нашнидааст.
27 Аввалин Ман ба Сион гуфтам: «Инак инҳо!»,
ва ба Ерусалим мубашшире бахшидам.
28 Ва Ман назар андохтам, ва касе нест,
ва аз байни онҳо мушовире нест,
то ки Ман ба онҳо савол диҳам, ва онҳо
ҷавоб гардонанд.
29 Инак, ҳамаи онҳо ночизанд,
аъмолашон низ ночиз аст;
бутҳои фулуззии онҳо ҳеҷу пуч аст.
42БОБИ ЧИЛУ ДУЮМ
Масеҳ — бандаи Худо.
1 Инак, Бандаи Ман, ки Ӯро Ман дастгирӣ мекунам,
баргузидаи Ман, ки ҷони Ман ба Ӯ таваҷҷӯҳ менамояд.
Ман рӯҳи Худро бар Ӯ ниҳодаам,
ва Ӯ инсофро барои халқҳо ҷорӣ мекунад.
2 Ӯ фарьёд нахоҳад зад, ва овози Худро баланд
нахоҳад кард,
ва онро дар кӯчаҳо нахоҳад шунавонид;
3 Наи нимшикастаро нахоҳад шикаст,
ва пилтаи катонии камнурро
хомӯш нахоҳад кард;
инсофро аз рӯи ростӣ ҷорӣ хоҳад намуд;
4 Лакот нахоҳад шуд, ва бемаҷол нахоҳад гардид,
то даме ки инсофро бар замин барқарор намояд;
ва ҷазираҳо дар интизори таълимоти Ӯ хоҳанд буд.
5 Худованд Худо,
ки афлокро офарида, барафроштааст,
заминро бо ҳар чи аз он ба вуҷуд меояд, густурдааст,
ба қавме ки дар он ҳастанд, нафасро,
ва ба махлуқоте ки дар он қадамгузор мебошанд,
рӯҳро бахшидааст, чунин мегӯяд:
6 «Ман, ки Худованд ҳастам, Туро барои адолат
даъват намудаам,
ва дасти Туро хоҳам гирифт, ва Туро
нигаҳбонӣ хоҳам кард,
ва Туро аҳди қавм ва нури халқҳо хоҳам гардонид,
7 То ки чашмони кӯронро бикшоӣ,
бандиёнро аз ҳабс,
дар зулмот нишастагонро аз зиндон берун оварӣ.
Исроил, ки қавми баргузида аст, гуноҳ кард, ҷазо кашид, омурзида шуд.
8 Ман Худованд ҳастам, ва исми Ман ҳамин аст,
ва ҷалоли Худро ба дигаре,
ва ҳамду санои Худро ба санамҳо нахоҳам дод.
9 Инак, паёмҳои пешина ба амал омадааст;
ва нави онҳоро Ман эълон менамоям:
пеш аз он ки ба вуқӯъ оянд, онҳоро ба шумо мешунавонам».
10 Дар шаъни Худованд суруди наве бисароед,
ва ҳамду санои Ӯро аз ақсои замин бихонед,
эй баҳрпаймоён ва ҳар он чи дар баҳр аст,
эй ҷазираҳо ва сокинони онҳо!
11 Бигзор биёбон ва шаҳрҳои он,
ва қасабаҳое ки банӣ‐Қедор дар онҳо сокинанд,
овози худро баланд кунанд;
сокинони Солаъ тараннум карда,
аз қуллаи кӯҳҳо ҷор зананд;
12 Худовандро ҷалол диҳанд,
ва ҳамду санои Ӯро дар ҷазираҳо бихонанд.
13 Худованд мисли ҷаббор берун хоҳад омад,
мисли марди майдон рашки Худро хоҳад барангехт,
ҷор хоҳад зад ва наъра хоҳад кашид,
бар душмани Худ музаффар хоҳад шуд.
14 Ман дер вақт хомӯш мондам,
сокит будам, худдорӣ намудам;
акнун мисли зане ки мезояд, фарьёд хоҳам зад;
канда‐канда нафас хоҳам кашид.
15 Кӯҳҳо ва теппаҳоро хароб хоҳам кард,
ва тамоми набототи онҳоро хоҳам хушконид,
ва наҳрҳоро ба ҷазираҳо табдил хоҳам дод,
ва кӯлҳоро хоҳам хушконид.
16 Ва кӯронро бо роҳе ки намедонанд, хоҳам бурд;
онҳоро бо тариқҳое ки балад нестанд,
ҳидоят хоҳам намуд;
торикиро пеши онҳо ба рӯшноӣ,
ва каҷукилебиҳоро ба роҳи рост
табдил хоҳам дод.
Ин корҳоро Ман барояшон ба ҷо хоҳам овард,
ва онҳоро тарк нахоҳам кард.
17 Онҳое ки ба санамҳо таваккал мекунанд,
ва ба бутҳо мегӯянд:
«Шумо худои мо ҳастед»,
қафо гашта, бағоят хиҷил хоҳанд шуд.
18 Эй карон, бишнавед!
Ва эй кӯрон, назар андозед, то бубинед!
19 Кист, ки мисли бандаи Ман кӯр бошад?
Ва мисли элчии Ман, ки Ман мефиристам,
кар бошад?
Кист, ки мисли мусаллами Ман кӯр бошад?
Ва мисли бандаи Худованд кӯр бошад?
20 Ту чизҳои бисьёре дидаӣ, вале маҳфуз надоштаӣ;
гӯшҳоят кушода буд, вале нашнидаӣ.
21 Ба Худованд писанд афтодааст,
ки ба хотири адолати Худ шариатро интишор намояд ва ҷалол диҳад.
22 Валекин онҳо қавме ҳастанд, ки тороҷ
ва яғмо шудаанд;
ҳамаашон дар ғорҳо бандубаст
ва дар зиндонҳо пинҳон карда шудаанд:
гирифтори тороҷ гардидаанд, ва раҳокунандае нест;
гирифтори яғмо гардидаанд, ва касе нест,
ки гӯяд: «Гардонда деҳ!»
23 Кист дар миёни шумо, ки ба ин гӯш диҳад,
ва диққат намуда, барои замони оянда бишнавад?
24 Кист, ки Яъқубро ба яғмо, ва Исроилро
ба тороҷгарон супурдааст?
Оё Худованд набуд, ки пеши Ӯ мо гуноҳ кардаем?
Ва онҳо нахостанд бо роҳҳои Ӯ қадамгузор шаванд,
ва ба шариати Ӯ гӯш надоданд.
25 Ва Ӯ оташи хашми Худ
ва шиддати ҷангро бар онҳо рехт,
ва алангаи он аз ҳар тараф онҳоро иҳота намуд,
вале дарк накарданд;
ва онҳоро сӯзонид, вале диққат надоданд.
43БОБИ ЧИЛУ СЕЮМ
Қавми баргузида фидия дода гирифта шуд ва аз нав ба вуҷуд омад.
1 Вале акнун Худованд, ки туро, эй Яъқуб,
офардидааст,
ва туро, эй Исроил, ба вуҷуд овардааст,
чунин мегӯяд:
«Натарс, зеро ки Ман туро раҳонидаам,
туро ба исми ту хондаам; ту аз они Ман ҳастӣ.
2 Вақте ки аз обҳо бигзарӣ, Ман бо ту хоҳам буд,
ва аз наҳрҳо бигзарӣ, онҳо туро ғарқ нахоҳад кард;
вақте ки аз миёни оташ қадамгузор шавӣ,
нахоҳӣ сӯхт,
ва аланга туро нахоҳад сӯзонид,
3 Зеро ки Ман Худованд Худои ту,
Қуддуси Исроил, Наҷотдиҳандаи ту ҳастам;
Мисрро барои ту фидия додаам,
Ҳабаш ва Саборо — дар ивази ту.
4 Азбаски ту дар назари Ман азиз ва гаронбаҳо ҳастӣ,
ва Ман туро дӯст доштаам,
бинобар ин мардуми дигарро дар ивази ту,
ва қабилаҳоро дар бадали ҷони ту хоҳам дод.
5 Натарс, зеро ки Ман бо ту ҳастам;
насли туро аз шарқ хоҳам овард,
ва туро аз ғарб ҷамъ хоҳам кард.
6 Ба шимол хоҳам гуфт: бидеҳ;
ва ба ҷануб: монеъ нашав;
писарони Маро аз дурдаст,
ва духтарони Маро аз ақсои замин биёр,
7 Яъне ҳар киро, ки ба исми Ман номида шудааст,
ва Ман ӯро барои ҷалоли Худ офаридаам,
ӯро ба вуҷуд овардаам ва ӯро сохтаам».
8 Қавмеро берун ор, ки кӯр ҳастанд,
гарчанде ки чашм доранд,
ва кар ҳастанд, гарчанде ки гӯш доранд.
9 Бигзор ҳамаи халқҳо бо ҳам фароҳам оянд,
ва қабилаҳо ҷамъ шаванд.
Кист аз миёни онҳо, ки инро баён намояд,
ва паёмҳои пешинаро ба мо бирасонад?
Бигзор шоҳидони худро биёранд, то ки худро
сафед кунанд,
ва ё он шоҳидон бишнаванд ва бигӯянд:
«Ҳақ асту рост!»
10 «Аммо шумо, — мегӯяд Худованд, —
ва бандаи Ман, ки ӯро баргузидаам,
шоҳидони Ман мебошед, то шумо бидонед
ва ба Ман имон оваред
ва дарк намоед, ки ин Ман ҳастам,
ва пеш аз Ман Худое набуд,
ва баъд аз Ман нахоҳад буд.
11 Ман, Ман Худованд ҳастам,
ва ғайр аз Ман Наҷотдиҳандае нест.
12 Ман пешакӣ гуфтаам, ва наҷот додаам,
ва паём расонидаам,
ва дар миёни шумо Худои дигаре нест;
ва шумо шоҳидони Ман мебошед,
— мегӯяд Худованд, —
ва Ман Худо ҳастам!
13 Аз имрӯз низ Ман ҳамонам,
ва касе нест, ки аз дасти Ман раҳо кунад:
Ман амал хоҳам кард, ва кист, ки инро
ботил намояд?»
14 Худованд, ки Раҳокунандаи шумо ва Қуддуси
Исроил аст, чунин мегӯяд:
«Ба хотири шумо Ман ба Бобил фиристодам,
ва ҳамаи онҳоро ҳамчун гурезаҳо фурӯд овардам,
ва калдониёнро дар киштиҳое ки мояи вачди онҳо буд.
15 Ман Худованд Қуддуси шумо ҳастам,
Офаринандаи Исроил ва Подшоҳи шумо».
16 Чунин мегӯяд Худованд,
ки Ӯ роҳе дар баҳр,
ва ҷоддае дар обҳои азим кушодааст;
17 Аробаҳо ва аспон, лашкар ва қувватро
берун овардааст,
то ки якҷоя хобида, дигар нахезанд;
ва онҳо торафт беҳол гардида,
мисли пилтаи катонӣ хомӯш шуданд.
18 «Аммо вақоеи пешинаро ба хотир наоваред,
ва ба мӯъҷизоти қадимӣ диққат надиҳед.
19 Инак, Ман чизи наве месозам,
ки он алҳол ба зуҳур меояд.
Магар аз он воқиф нестед?
Ба яқин, роҳе дар бодия,
ва наҳрҳо дар биёбон ба вуҷуд хоҳам овард.
20 Ҳайвоноти саҳро,
шағолон ва шутурмурғон Маро мадҳ хоҳанд кард,
зеро ки Ман об дар бодия,
ва наҳрҳо дар биёбон ба вуҷуд овардаам,
то ки қавми баргузидаи Худро сероб намоям,
21 Ки ин қавмро Ман барои Худ ба миён овардаам,
то ҳамду санои Маро бихонанд.
22 Вале ту, эй Яъқуб, Маро нахондӣ,
ва ту, эй Исроил, аз ибодати Ман ба танг омадӣ:
23 Барраҳои қурбонии сӯхтании худро барои Ман
наовардӣ,
ва бо забҳҳои худ Маро ҷалол надодӣ.
Ман туро бо ҳадияҳо ба заҳмат наандохтам,
ва бо лебӯно ба ту гаронӣ накардам.
24 Ту барои Ман ба нуқра наи атрогин нахаридӣ,
ва бо чарбуи забҳҳои худ Маро сер накардӣ,
балки бо хатоҳои худ Маро заҳмат додӣ,
ва бо гуноҳҳои худ ба Ман гаронӣ кардӣ.
25 Ман, Ман ҳамонам, ки гуноҳҳои туро
ба хотири Худам маҳв менамоям,
ва хатоҳои туро ба ёд нахоҳам овард.
26 Маро хотиррасон намо; бо ҳамдигар муҳокима
хоҳем кард;
далелҳои худро биёр, то ки сафед шавӣ.
27 Падари аввалини ту гуноҳ кард,
ва шафоатгарони ту ба Ман осӣ шуданд.
28 Бинобар ин Ман сарварони қудсро аз қудсият
маҳрум намудам,
ва Яъқубро ба ҳалокат, ва Исроилро ба таҳқир
маҳкум кардам».
44БОБИ ЧИЛУ ЧОРУМ
Ваъда дар бораи Рӯҳулқудс.
Дар бораи беандешагии шарорат.
1 «Вале акнун, эй бандаи Ман Яъқуб, бишнав,
ва эй Исроил, ки Ман туро баргузидаам.
2 Худованд, ки туро офаридааст,
ва туро аз батн ба вуҷуд овардааст,
ва туро ёварӣ медиҳад, чунин мегӯяд:
эй бандаи Ман Яъқуб, натарс,
ва эй Ешурун, ки туро баргузидаам.
3 Зеро ки об бар ташна,
ва чашмаҳо бар хушкӣ хоҳам рехт;
рӯҳи Худро бар насли ту,
ва баракати Худро бар зурьёти ту хоҳам рехт.
4 Ва онҳо дар миёни алаф,
мисли дарахтони бед назди ҷӯйҳои об, хоҳанд сабзид.
5 Яке хоҳад гуфт: „Ман аз они Худованд ҳастам“;
ва дигаре худро ба номи Яъқуб хоҳад хонд;
ва дигаре бо дасти худ хоҳад навишт:
„Аз они Худованд ҳастам“,
ва номи Исроилро лақаби худ хоҳад сохт».
6 Худованд, ки Подшоҳи Исроил
ва Раҳокунандаи ӯст,
яъне Худованди лашкарҳо, чунин мегӯяд:
«Ман Аввалин ҳастам, ва Ман Охирин ҳастам,
ва ғайр аз Ман Худое нест.
7 Ва мисли Ман кист, ки паём диҳад,
ва онро баён намояд ва ба паёми Ман монанд созад,
аз замоне ки Ман қавми қадимиро ба вуҷуд овардаам?
Пас, бигзор он чиро, ки воқеъ мешавад,
ва он чиро, ки дар оянда фаро хоҳад расид,
ба онҳо эълон намоянд.
8 Натарсед ва ҳаросон нашавед:
Ман, охир, ба шумо аз қадимулайём
эълон кардаам ва хабар додаам,
ва шумо шоҳидони Ман ҳастед.
Оё ғайр аз Ман Худое ҳаст?
Ва кӯҳпорае нест,
ки Ман аз он хабар надошта бошам».
9 Онҳое ки санам месозанд, саросар ночизанд, ва чизҳои писандидаи онҳо ҳеҷ фоида намебахшад, ва онҳо шоҳидони худашон мебошанд: намебинанд ва намедонанд, то ки хиҷил шаванд.
10 Касе ки худое сохтааст ва санаме рехтааст, вай чӣ фоидае ба ӯ мебахшад?
11 Охир, ҳамаи шарикони ӯ хиҷил хоҳанд шуд, чунки ин ҳунармандон худашон аз байни одамонанд; бигзор ҳамаашон ҷамъ омада, биистанд; онҳо ҳаросон гардида, якҷоя хиҷил хоҳанд шуд.
12 Оҳангар аз оҳан теша месозад, ва онро дар ахгар кор мекунад, ва бо путкҳо сурате ба он мебахшад, ва бо куввати бозуи худ онро ба вуҷуд меоварад, дар ҳолате ки гурусна монда, беқувват мешавад, ва об нанӯшида, бемаҷол мегардад.
13 Наҷҷор бар чӯб ресмон кашида, бо қалам онро нишона мекунад, бо ранда онро метарошад, ва бо паргор онро тарҳ мекашад, ва онро мисли андоми инсон, мисли ҷамоли одамизод месозад, то ки он дар хонае ҷойгир шавад.
14 Арзҳоро ӯ барои худ мебуррад, ва чинор ва булутро мегирад: онҳоро аз миёни дарахтони ҷангал барои худ хуш мекунад; дарахти ғорро мешинонад, ва борон онро калон мекунад.
15 Ва чӯби он барои инсон чун сӯзишворӣ кор меояд, ва ӯ аз он гирифта, худро гарм мекунад, ва онро сӯзонида, нон мепазад; ва аз ин чӯб худое сохта, онро парастиш менамояд: санаме ба вуҷуд оварда, пеши он саҷда мекунад.
16 Нисфи онро дар оташ месӯзонад, бо қисми дигараш гӯштро кабоб мекунад, ва кабобро хӯрда, сер мешавад; ва гарм шуда, мегӯяд: «Ваҳ, акнун гарм шудам, рӯи оташро дидам!»
17 Ва аз бақияи ин чӯб худое, яъне санаме барои худ месозад, пеши он саҷда менамояд, ва онро мепарастад, ва назди он дуо хонда, мегӯяд: «Маро наҷот деҳ, зеро ки ту худои ман ҳастӣ».
18 Онҳо намедонанд ва намефаҳманд, зеро чашмҳошон баста шудааст, то ки набинанд, ва дилҳошон — то ки дарк накунанд.
19 Ва ӯ ба дили худ намегузаронад, ва донишу хираде надорад, ки бигӯяд: «Як қисми онро дар оташ сӯзонидам, ва бар ахгари он нон пуҳтам, ва гӯштро кабоб карда хӯрдам; оё аз бақияи он як чизи зиште ба вуҷуд оварам? Оё ба ғӯлачӯбе саҷда намоям?»
20 Ӯ бод мепаймояд: дили гумроҳаш ӯро дар иштибоҳ меандозад, ва ӯ наметавонад ҷони худро раҳо карда, бигӯяд: «Оё он чи дар дасти рости ман аст, дурӯғ нест?»
21 Инҳоро дар хотир нигоҳ дор, эй Яъқуб
ва эй Исроил, зеро ки ту бандаи Ман ҳастӣ;
Ман туро ба вуҷуд овардаам; ту бандаи Ман ҳастӣ,
эй Исроил,
ту аз хотири Ман фаромӯш нахоҳӣ шуд.
22 Гуноҳҳои туро мисли абр,
ва хатоҳои туро мисли шаҳоб маҳв кардаам;
ба Ман руҷӯъ намо, зеро ки Ман туро раҳонидаам.
23 Тараннум намо, эй афлок, зеро ки Худованд
инро ба амал овардааст.
Нидо кунед, эй умқҳои замин,
бо шодӣ овоз баланд кунед, эй кӯҳҳо
ва ҷангалҳо ва ҳар дарахте ки дар онҳо бошад,
зеро ки Худованд Яъқубро раҳонидааст,
ва дар Исроил ҷалол хоҳад ёфт.
24 Худованд, ки Раҳокунандаи туст,
ва туро аз батн ба вуҷуд овардааст, чунин мегӯяд:
«Ман Худованд ҳастам, ки ҳама чизро ба амал овардаам,
афлокро ба танҳоӣ паҳн кардаам, заминро густурдаам;
кист, ки он вақт бо Ман бошад?»
25 Ӯ аломатҳои козибонро ботил менамояд
ва соҳиронро аз ақл бегона мекунад,
ҳакимонро қафо мегардонад
ва дониши онҳоро ба ҳамоқат табдил медиҳад;
26 Ӯ каломи бандаи Худро ба амал меоварад
ва машварати элчиёни Худро ба иҷро мерасонад;
Ӯ дар бораи Ерусалим мегӯяд:
«Маскан хоҳад шуд!»
ва дар бораи шаҳрҳои Яҳудо:
«Онҳо бино хоҳад шуд,
ва харобаҳои онро аз нав барқарор хоҳам кард!»
27 Ӯ ба варта мегӯяд: «Хушк шав,
ва наҳрҳои туро хушк хоҳам кард!»
Нубувват дар бораи Куруш ва дар бораи он ки Эзро ва Наҳемьё салтанатро аз нав баркарор мекунанд.
28 Ӯ дар бораи Куруш мегӯяд: «Вай чӯпони Ман аст,
ва ҳар он чиро хостаам, ба иҷро хоҳад расонид».
Ва дар бораи Ерусалим мегӯяд: «Бино хоҳад шуд!»
ва дар бораи маъбад: «Буньёди ту ниҳода хоҳад шуд!»
45БОБИ ЧИЛУ ПАНҶУМ
Давоми нубувват.
1 Худованд ба масеҳи Худ, ба Куруш,
чунин мегӯяд:
«Ман дасти рости туро гирифтаам,
то халқҳоро пеши ту мағлуб намоям,
ва Ман камарҳои подшоҳонро хоҳам кушод,
то ки дарҳо пеши ту кушода шавад,
ва дарвозаҳо баста нашавад.
2 Ман пешопеши ту хоҳам рафт ва ноҳамвориҳоро
ҳамвор хоҳам кард,
дарҳои мисинро пора‐пора хоҳам кард
ва ғалақаҳои оҳанинро хоҳам шикаст.
3 Ва хазинаҳои зулмот
ва ганҷҳои ниҳониро ба ту хоҳам дод,
то бидонӣ, ки Ман — Худованде ки туро
ба номи ту хондаам,
Худои Исроил ҳастам.
4 Ба хотири бандаи Худ Яъқуб
ва баргузидаи Худ Исроил
туро ба номат хондам
ва мӯҳтарам доштам,
гарчанде ки ту Маро намешинохтӣ.
Худованд ба Исроил хотиррасон менамояд,
ки наҷот танҳо дар Ӯст.
5 Ман Худованд ҳастам, ва дигаре нест;
ғайр аз Ман Худое нест;
Ман камари туро бастаам, гарчанде ки ту
Маро намешинохтӣ,
6 То ки аз тулӯи офтоб ва аз ғуруби он бидонанд,
ки ҷуз аз Ман нест:
Ман Худованд ҳастам, ва дигаре нест.
7 Ман рӯшноиро ба вуҷуд меоварам
ва зулмотро меофарам,
сулҳу осоиштагӣ барқарор менамоям
ва мусибатҳоро ба вуҷуд меоварам;
Ман — Худованд ҳамаи инҳоро ба амал меоварам.
8 Эй афлок! Аз боло биборон,
то ки абрҳо адлу инсофро фурӯ резад.
Бигзор замин рӯи худро бикшояд,
то ки наҷотро ба миён оварад,
ва адлу инсоф бо он нумӯ кунад.
Ман — Худованд инро офаридаам».
9 Эй вой бар касе ки бо Офаринандаи худ
муноқиша мекунад,
дар сурате ки худаш сафолпорае
аз сафолпораҳои рӯи замин аст!
Оё гил ба кӯзагар мегӯяд: «Чӣ чизе сохтаӣ?»
Ва ё маснӯи ту мегӯяд: «Ӯ дасти моҳир надорад!»
10 Эй вой бар касе ки ба падари худ гӯяд:
«Чаро ту маро ба дуньё овардаӣ?»
Ва ба модари худ: «Чаро ту маро зоидаӣ?»
11 Худованд, ки Қуддуси Исроил
ва Офаринандаи вай аст, чунин мегӯяд:
«Оё шумо дар бораи ояндаи писарони Ман
ба Ман савол медиҳед,
ва дар бораи амали дастҳои Ман Маро амр
мефармоед?
12 Ман заминро ба вуҷуд овардаам, ва инсонро
бар он офаридаам;
дастҳои Ман афлокро паҳн кардааст,
ва ҳамаи лашкарҳои онро Ман амр фармудаам.
13 Ман ӯро барои адолат барангехтаам,
ва ҳамаи роҳҳояшро ҳамвор хоҳам кард.
Ӯ шаҳри Маро бино хоҳад кард, ва матрудони Маро
хоҳад фиристод,
лекин на дар ивази фидия
ва на дар ивази инъомҳо», — мегӯяд Худованди
лашкарҳо.
14 Худованд чунин мегӯяд:
«Сарвати Миср, ва тиҷорати Ҳабаш,
ва аҳли Сабо, ки мардуми баландқоматанд,
аз ҳудуди ту хоҳанд гузашт ва аз они ту хоҳанд шуд:
онҳо аз паи ту хоҳанд рафт, дар занҷирҳо
хоҳанд гузашт,
ва пеши ту саҷда намуда,
бо дуо ба ту хоҳанд гуфт:
„Худо фақат дар туст,
ва ғайр аз Ӯ Худои дигаре нест“».
15 Ба яқин, Ту Худои мастур ҳастӣ,
эй Худои Исроил, эй Наҷотдиҳанда!
16 Ҳамаи ҳунармандони санамсоз хиҷил ва расво
хоҳанд шуд;
онҳо якҷоя ба расвоӣ хоҳанд рафт.
17 Аммо Исроил дар Худованд наҷот хоҳад ёфт,
ки наҷоти ҷовидонӣ хоҳад буд;
шумо то абад хиҷил
ва расво нахоҳед шуд,
18 Зеро Худованде ки афлокро офаридааст,
чунин мегӯяд;
Ӯ Худоест, ки заминро ба вуҷуд овардааст
ва сохтааст;
Ӯ онро барқарор намудааст; онро на аз барои
он офаридааст, ки бодияе бошад,
балки аз барои он ба вуҷуд овардааст,
ки маскун бошад.
«Ман Худованд ҳастам, ва дигаре нест.
19 Ба таври ниҳонӣ,
дар макони тираи замин сухан нарондаам;
ба насли Яъқуб нагуфтаам:
„Маро беҳуда биҷӯед“;
Ман Худованди ҳақгӯй ҳастам,
ки чизҳои ростро баён мекунам.
20 Ҷамъ шуда биёед,
ва бо ҳам наздик шавед, эй растагорони халқҳо!
Онҳое ки санами чӯбини худро бардошта мегарданд,
ва пеши худое ки наметавонад наҷот диҳад,
дуо мегӯянд, нодон ҳастанд.
21 Бигӯед, ва пешниҳод кунед,
ва бо ҳам машварат намоед:
кист, ки инро аз қадимулайём эълон намуда,
аз он замон пешакӣ гуфтааст?
Оё на Ман, ки Худованд ҳастам?
Ва ғайр аз Ман Худои дигаре нест, —
Худои одил ва наҷотдиҳандае
ҷуз аз Ман нест.
22 Ба Ман руҷӯъ намоед ва наҷот хоҳед ёфт,
эй тамоми ақсои замин!
Зеро ки Ман Худо ҳастам, ва дигаре нест.
23 Ба Зоти Худ қасам хӯрдаам:
„Аз даҳони Ман ростӣ, каломи барнагаштанӣ
берун омадааст,
ки пеши Ман ҳар зонуе хам хоҳад шуд,
ва ҳар забоне ба исми Ман қасам хоҳад хӯрд,
24 Ва ҳар кас хоҳад гуфт: адолат ва қудрат
барои ман фақат дар Худованд аст“».
Ҳаман онҳое ки бар Ӯ ғазаб доштанд,
сӯи Ӯ хоҳанд омад ва хиҷил хоҳанд шуд.
25 Тамоми насли Исроил дар Худованд
сафед хоҳанд шуд ва ҷалол хоҳанд ёфт.
46БОБИ ЧИЛУ ШАШУМ
Панд ба Исроил дар бораи он ки қодир будани Худованд ва ноҷиз будани бутҳоро дар хотир нигоҳ доранд.
1 Бил фурӯ ғалтидааст, Набӯ сари таслим овардааст,
бутҳои онҳо бар ҳайвонот ва чорпо бор карда шудааст:
он чизҳое ки шумо бардор‐бардор мекардед,
барои ҳайвоноти лакот бори гароне гардидааст.
2 Онҳо якҷоя фурӯ ғалтида, сари таслим овардаанд,
он борро натавонистаанд раҳо кунанд,
балки худашон низ ба асирӣ рафтаанд.
3 «Маро бишнавед, эй хонадони Яъқуб,
ва эй тамоми бақияи хонадони Исроил,
ки аз батн шуморо бар Худ бор кардаам,
ва аз раҳим шуморо бардоштаам,
4 Ва то пирии шумо Ман хамон ҳастам,
ва то мӯйсафедии шумо Ман шуморо хоҳам бардошт:
Ман шуморо ба вуҷуд овардаам,
ва Ман бар Худ бор хоҳам кард,
ва Ман хоҳам бардошт ва хоҳам раҳонид.
5 Маро ба кӣ монанд мекунед ва баробар медонед,
ва Маро ба кӣ мисол мезанед,
то ки монандӣ дошта бошам?
6 Тиллоро аз ҳамьён мерезанд,
ва нуқраро бо тарозу бармекашанд;
заргареро киро мекунанд, то ки худое аз он бисозад;
пеши он саҷда мекунанд ва онро мепарастанд.
7 Онро бар китфи худ бардошта мебаранд,
ва дар маконаш мегузоранд,
ва он меистад ва аз ҷояш намеҷунбад;
пеши он доду фарьёд мекунанд,
вале ҷавоб намедиҳад,
онҳоро аз мусибаташон раҳо намекунад.
8 Инро ба ёд оваред ва худро даст гиред;
инро, эй осиён, ба дили худ гузаронед!
9 Паёмҳои пешинаро аз замони қадим ба ёд оваред,
зеро ки Ман Худо ҳастам, ва Худои дигаре нест,
ва амсоли Ман нест.
10 Оқибатро аз ибтидо, ва он чиро,
ки ҳанӯз рӯй надодааст, аз қадим баён менамоям;
Ман мегӯям: „Иродаи Ман иҷро хоҳад шуд,
ва ҳар он чиро, ки хостаам, ба ҷо хоҳам овард“.
11 Уқоберо аз шарқ,
иҷрокунандаи қарори Худро аз кишвари дурдаст
хондаам;
он чи гуфтаам, яқинан ба амал хоҳам овард;
он чи пешбинӣ намудаам, яқинан иҷро хоҳам кард.
12 Маро бишнавед, эй сахтдилон,
ки аз адолат дур шудаед!
13 Ман адолати Худро наздик овардаам, ва он дур нест,
ва наҷоти Ман таъхир нахоҳад кард;
ва наҷотро дар Сион барои Исроил,
ки шукӯҳи Ман аст, хоҳам бахшид».
47БОБИ ЧИЛУ ҲАФТУМ
Доварӣ бар Бобил.
1 Фурӯд омада, бар хок бинишин,
эй духтари бокираи Бобил! Бе курсӣ,
бар замин бинишин,
эй духтари калдониён!
Зеро ки дигар туро нозанин ва латиф нахоҳанд хонд.
2 Дастосро гирифта, ордро ос кун;
ҳиҷобатро бикаш, доманатро бардор
ва соқҳоятро бараҳна карда, аз наҳрҳо убур намо.
3 Аврати ту ошкор хоҳад шуд,
нанги ту низ намудор хоҳад гардид.
Ман интиқом хоҳам гирифт,
ва касеро рӯихотир нахоҳам кард.
4 Раҳокунандаи мо — исми Ӯ Худованди лашкарҳо,
Қуддуси Исроил аст.
5 Хомӯш бинишин ва ба зулмот бирав,
эй духтари калдониён!
Зеро ки дигар туро хотуни мамлакатҳо
нахоҳанд хонд.
6 Ман бар қавми Худ хашм гирифтам,
мероси Худро хор доштам,
ва онҳоро ба дасти ту супурдам, —
аммо ту ба онҳо раҳм накардӣ,
юғи худро бар пирон бағоят гарон кардӣ.
7 Ва ту гуфтӣ: «То абад хотун хоҳам буд»,
то ба дараҷае ки ба ҳамаи ин чизҳо диққат надодӣ,
ва оқибати корро ба хотир наовардӣ.
8 Ва акнун инро бишнав, эй нозпарвард,
ки бепарво нишастаӣ
ва дар дили худ мегӯӣ:
«Ман ҳастам, ва ғайр аз ман дигаре нест!
Ман бева нахоҳам шуд,
ва талафоти фарзандонро нахоҳам дид».
9 Вале ин ду чиз — талафоти фарзандон ва бевагӣ —
баногоҳ дар як рӯз ба сари ту хоҳад омад:
сарфи назар аз фаровонии ҷодуҳоят
ва қуввати бузурги афсунҳоят,
онҳо ба андозаи комил бар ту фурӯд хоҳад омад.
10 Ва ҳол он ки ту ба шарорати худ умед баста, гуфтӣ:
«Касе нест, ки маро бинад».
Ҳикматат ва донишат туро гумроҳ кард,
ва ту дар дили худ гуфтӣ:
«Ман ҳастам, ва ғайр аз ман дигаре нест!»
11 Ва мусибате ба сари ту хоҳад омад,
ки дафъи онро нахоҳӣ донист;
ва фалокате бар ту фурӯд хоҳад омад,
ки ба пешгирии он қодир нахоҳӣ буд;
ва ҳалокате ногаҳон ба сари ту хоҳад омад,
ки илоҷи онро нахоҳӣ донист.
12 Пас, дар афсунҳои худ
ва дар фаровонии ҷодуҳои худ,
ки барои онҳо аз ҷавонии худ ҷидду ҷаҳд
намудаӣ, қоим бош:
шояд, манфиате тавонӣ дид;
шояд, истодагӣ тавонӣ кард.
13 Аз фаровонии мушовирони худ лакот шудаӣ;
бигзор расадбандони афлок, ситорашиносон
ва онҳое ки ба ҳасби ҳилолҳо
пешгӯӣ мекунанд,
бархоста, туро аз он чи ба сарат хоҳад омад,
наҷот диҳанд.
14 Инак, онҳо мисли коҳрезаанд:
оташ онҳоро хоҳад сӯзонид;
онҳо ҷони худро аз аланга натавонанд раҳонид;
на ахгаре боқӣ хоҳад монд, ки гарм шаванд,
на оташе ки пеши он нишинанд.
15 Онҳое ки барояшон ҷидду ҷаҳд намудаӣ,
барои ту чунин хоҳанд буд,
ва онҳое ки аз ҷавонии ту дар гирду пешат
мегаштанд,
ҳар яке ба худ саргардон хоҳанд шуд,
ва касе нахоҳад буд, ки туро наҷот диҳад.
48БОБИ ЧИЛУ ҲАШТУМ
Наҷоти Исроил ба воситаи
Бандаи Муқаддаси Худо хоҳад омад.
1 Инро бишнавед, эй хонадони Яъқуб,
ки ба номи Исроил хонда мешавед,
ва аз чашмаи Яҳудо ба вуҷуд омадаед,
ва ба исми Худованд қасам мехӯред,
ва Худои Исроилро зикр мекунед,
лекин на аз рӯи ростӣ ва на аз сидки дил.
2 Зеро онҳо, ки худро аз фуқарои шаҳри
муқаддас мехонанд,
бар Худои Исроил эътимод менамоянд;
исми Ӯ Худованди лашкарҳост.
3 «Вақоеи пешинаро Ман аз қадим эълон намудаам,
ва аз даҳони Ман баромадааст, ва Ман онҳоро
баён кардаам,
ногаҳон ба амал овардаам, ва иҷро шудааст.
4 Азбаски Ман медонистам, ки ту сахтдил ҳастӣ,
ва рагу паи гарданат оҳанин,
ва пешониат мисин аст,
5 Бинобар ин ба ту аз қадим эълон намудаам,
пеш аз вуқӯъ туро хабардор кардаам,
ки мабодо бигӯӣ: „Бути ман инро ба амал овардааст,
ва санами ман ва ҳайкали рехтаи ман инро амр
фармудааст“.
6 Он чи шунидаӣ, ба ҳамааш назар андоз;
шумо, охир, инро метавонед тасдиқ кунед.
Аз ҳоло низ чизҳои тозаро ба ту эълон намудаам,
ва чизҳои ниҳониеро, ки ту намедонистӣ.
7 Ҳоло, ва на аз қадим, ин чизҳо офарида шудааст,
ва ту дирӯз онҳоро нашнидаӣ,
ки мабодо бигӯӣ: „Инак, онҳоро медонистам“.
8 Ҳам нашнидаӣ, ҳам надонистаӣ,
ва ҳам гӯши ту он вақт воз набуд;
зеро Ман медонистам, ки ту бисьёр хиёнаткор ҳастӣ,
ва аз батн осӣ номида шудаӣ.
9 Ба хотири исми Худ ғазабамро нигоҳ медорам,
ва барои ҷалоли Худ ба нафъи ту худдорӣ менамоям,
то ки туро нобуд накунам.
10 Инак, Ман туро гудохтаам, вале на дар бӯтаи нуқра:
туро дар кӯраи азиятҳо имтиҳон намудаам.
11 Ба хотири Худам, ба хотири Худам ин корро
хоҳам кард,
зеро ки чаро исми Ман хор шавад?
Ва ҷалоли Худро ба дигаре нахоҳам дод.
12 Маро бишнав, эй Яъқуб,
ва эй Исроили даъватшудаи Ман!
Ман ҳамон ҳастам, Ман аввалин ҳастам,
ва Ман охирин ҳастам.
13 Дасти Ман заминро буньёд кардааст,
ва ямини Ман афлокро густурдааст;
чун онҳоро даъват намоям, яқҷоя хоҳанд истод.
14 Ҳамаатон ҷамъ шавед ва бишнавед:
кист аз миёни бутҳо, ки ин вақоеъро пешгӯӣ
карда бошад?
Худованд варо дӯст доштааст, — вай иродаи Ӯро
дар Бобил ба ҷо хоҳад овард,
ва бозуи Ӯро бар калдониён зоҳир хоҳад кард.
15 Ман, Ман гуфтаам, ва ӯро даъват намудаам:
ӯро овардаам, ва ӯ дар роҳи худ муваффақият
хоҳад ёфт.
16 Ба Ман наздик омада, инро бишнавед:
аз ибтидо ҳам Ман ба таври ниҳонӣ сухан нарондаам;
аз замоне ки ин ба вуқӯъ меояд, Ман дар он ҷо
ҳастам».
Ва алҳол Худованд Худо Маро фиристодааст,
ва Рӯҳи Ӯ бар Ман аст.
17 Худованд, ки Раҳокунандаи ту ва Қуддуси
Исроил аст, чунин мегӯяд:
«Ман Худованд Худои ту ҳастам ва туро
таълим медиҳам, ки ба худат фоида бирасонӣ,
ва туро ба роҳе ҳидоят менамоям,
ки бояд бо он биравӣ.
18 Кошки ба аҳкоми Ман гӯш медодӣ!
Он гоҳ осоиштагии ту мисли наҳр,
ва адолати ту мисли мавҷҳои баҳр мебуд,
19 Ва насли ту мисли рег,
ва зурьёти камари ту мисли зарраҳои он мебуд:
номи вай аз ҳузури Ман маҳв ва нобуд намешуд».
20 Аз Бобил берун оед, аз миёни калдониён
шитобон биравед;
инро бо овози тараннум хабар диҳед ва эълон намоед;
то ақсои замин инро интишор кунед;
бигӯед: «Худованд бандаи Худ Яъқубро раҳо кард!»
21 Ва онҳо ташнагӣ накашиданд, гарчанде ки Ӯ
онҳоро бо роҳҳои харобазор бурд;
аз кӯҳпора барои онҳо об баровард:
кӯҳпораро шикоф кард, ва об ҷорӣ шуд.
22 «Барои шарирон осоиштагӣ нахоҳад буд», —
мегӯяд Худованд.
49БОБИ ЧИЛУ НӮҲУМ
Қуддус Раҳокунандаи Исроил хоҳад буд.
1 Маро бишнавед, эй ҷазираҳо,
ва гӯш андозед, эй қабилаҳои дурдаст!
Худованд Маро аз батн даъват намудааст,
аз амъои модарам исми Маро зикр кардааст.
2 Ва даҳони Маро мисли шамшери тез сохтааст,
Маро ба зери сояи дасти Худ паноҳ кардааст,
ва Маро тири суфтае гардонида,
дар тиркаши Худ пинҳон доштааст,
3 Ва ба Ман гуфтааст: «Ту бандаи Ман ҳастӣ,
эй Исроил,
ки ба василаи Ту Ман ҷалол хоҳам ёфт».
4 Ва Ман гуфтам: «Бар абас Ман заҳмат кашидаам,
қуввати Худро беҳуда ва бесамар сарф намудаам.
Аммо ҳаққи Ман бо Худованд аст,
ва музди Ман бо Худои Ман аст».
5 Ва алҳол Худованд, ки Маро аз батн
барои бандагии Худ офаридааст, мегӯяд,
ки Яъқубро сӯи Ӯ баргардонам, ва Исроил
назди Ӯ ҷамъ шаванд;
ва Ман дар назари Худованд мӯҳтарам хоҳам шуд,
ва Худои Ман қуввати Ман хоҳад буд.
6 Ва Ӯ мегӯяд: «Азбаски Ту бандаи Ман хоҳӣ буд,
чизи саҳл аст, ки сибтҳои Яъқубро
аз нав барқарор намоям
ва бақияҳои Исроилро баргардонам,
балки ҳамчунин Туро нури халқҳо хоҳам гардонид,
то ки наҷоти Ман то ақсои замин бирасад».
7 Худованд, ки Раҳокунандаи Исроил ва Қуддуси ӯст,
ба нафратзадаи мардум,
ба макраҳаи халқҳо,
ба бандаи ҳокимон чунин мегӯяд:
«Подшоҳон дида, ба по хоҳанд хест,
мирон саҷда хоҳанд кард,
ба хотири Худованд, ки амин аст, ба хотири
Қуддуси Исроил, ки Туро баргузидааст».
8 Худованд чунин мегӯяд: «Дар ҳини марҳамат
Туро иҷобат намудаам,
ва дар рӯзи наҷот Туро ёварӣ додаам,
ва Туро нигаҳбонӣ хоҳам кард, ва Туро
қавми аҳд хоҳам гардонид,
то ки заминро аз нав барқарор намоям
ва меросҳои валангоршударо ба ворисон
баргардонам,
9 Ва ба бандиён бигӯям: „Берун оед“!
Ва ба онҳое ки дар зулмотанд: „Пеши нур биёед!“
Онҳо дар роҳҳо хоҳанд чаронид,
ва бар ҳар теппа чарогоҳи онҳо хоҳад буд.
10 Гурусна ва ташна нахоҳанд монд,
ва гармо ва офтоб онҳоро нахоҳад сӯзонид,
зеро ки Раҳмхӯрашон онҳоро ҳидоят хоҳад намуд,
ва назди чашмаҳои об онҳоро хоҳад бурд.
11 Ва ҳамаи кӯҳҳои Худро ба роҳ мубаддал
хоҳам намуд,
ва ҳамаи ҷоддаҳои Ман баланд хоҳад шуд.
12 Инак баъзе аз ҷои дурдаст хоҳанд омад,
ва инак баъзе аз шимол ва аз ғарб,
ва баъзе аз замини Синим».
13 Шодӣ намо, эй афлок, ба ваҷд ой, эй замин,
ва овози хурсандӣ бароред, эй кӯҳҳо!
Зеро ки Худованд қавми Худро тасаллӣ медиҳад,
ва ба ситамдидагони Худ раҳм мекунад.
14 Вале Сион мегӯяд: «Худованд маро тарк намудааст,
ва Худо маро фаромӯш кардааст».
15 «Оё зан бачаи ширмаки худро фаромӯш карда,
ба писари батни худ раҳмаш намеояд?
Ва инҳо фаромӯш кунанд ҳам, Ман туро
фаромӯш нахоҳам кард.
16 Инак, Ман туро бар кафи дастҳои Худ
нақш кашидаам;
ҳисорҳои ту доим пеши назари Ман аст.
17 Писарони ту шитобон хоҳанд омад;
онҳое ки туро вайрон ва хароб кардаанд,
аз ту берун хоҳанд рафт.
18 Чашмони худро ба ҳар ҷониб баланд намуда, бингар:
ҳамаашон ҷамъ шуда, сӯи ту меоянд.
Ба ҳаётам қасам, — мегӯяд Худованд, —
ки ту ҳамаи онҳоро мисли зеваре дар бар хоҳӣ кард,
ва мисли арӯс худро бо онҳо оро хоҳӣ дод,
19 Зеро ки вайронаҳои ту, ва харобаҳои ту,
ва замини валангори ту обод гардида,
ҳоло ту аз бисьёрии сокинон танг хоҳӣ шуд,
ва маҳвкунандагонат аз ту дур хоҳанд гардид.
20 Боз писаронат, ки дар ғурбат ба дуньё омадаанд,
ба самъи ту ба яқдигар хоҳанд гуфт:
„Ин макон барои ман танг аст;
дуртар бирав, то ки ман ҷойгир шавам“.
21 Ва ту дар дили худ хоҳӣ гуфт: „Кист,
ки инҳоро барои ман зоидааст?
Ва ҳол он ки ман фарзандгумкарда ва нозой,
ҷалои ватан ва ғариб будам;
пас кист, ки инҳоро ба воя расонидааст?
Ман, охир, танҳо монда будам;
пас инҳо куҷо буданд?“»
Доварӣ бар ситамгарони Исроил.
22 Худованд Худо чунин мегӯяд:
«Инак, дасти Худро сӯи халқҳо баланд хоҳам кард,
ва ливои Худро сӯи қавмон хоҳам барафрошт,
ва онҳо писаронатро дар оғӯши худ хоҳанд овард,
ва духтаронат бар китфи онҳо бардошта хоҳанд шуд.
23 Ва подшоҳон мураббиёни ту,
ва маликаҳошон дояҳои ту хоҳанд буд;
рӯй бар замин ниҳода, ба ту саҷда хоҳанд кард,
ва хоки пои туро хоҳанд лесид;
ва ту хоҳӣ донист, ки Ман Худованд ҳастам,
ва умедворони Ман хиҷил нахоҳанд шуд».
24 Оё мумкин аст, ки аз дасти зӯровар
ғанимати вай гирифта шавад?
Ва асирон аз дасти ситамгар халосӣ ёбанд?
25 Аммо Худованд чунин мегӯяд:
«Асирон низ аз дасти зӯровар гирифта хоҳанд шуд,
ва ғанимати ситамгар халосӣ хоҳад ёфт;
чунки Ман бо душманонат хоҳам ҷангид,
ва Ман писаронатро наҷот хоҳам дод;
26 Ва ба онҳое ки бар ту ситам мекунанд,
гӯшти худашонро хоҳам хӯронид,
ва онҳо аз хуни худ чун аз шароб маст хоҳанд шуд;
ва ҳар башар хоҳад донист, ки Ман —
Худованд Наҷотдиҳандаи ту
ва Раҳокунандаи ту, Неруманди Яъқуб ҳастам».
50БОБИ ПАНҶОҲУМ
Ба залолат афтодани Қуддуси Худо.
1 Худованд чунин мегӯяд:
«Талоқномаи модаратон,
ки Ман бо он ӯро рондаам, куҷост?
Ё кист аз қарзхоҳони Ман, ки шуморо ба вай
фурӯхтаам?
Шумо, охир, ба сабаби гуноҳҳои худ фурӯхта шудаед,
ва модаратон ба сабаби ҷиноятҳои шумо
ронда шудааст.
2 Чаро, вақте ки Ман омадам, касе набуд?
Вақте ки Ман нидо кардам, касе ҷавоб надод?
Оё дасти Ман аз раҳо кардан кӯтоҳ шудааст?
Ва оё дар Ман қуввате нест, ки халосӣ диҳам?
Бо итоби Худ, охир, Ман баҳрро хушк мекунам,
наҳрҳоро ба биёбон табдил медиҳам,
ба тавре ки моҳии онҳо аз беобӣ бӯй мегирад
ва аз ташнагӣ мемирад.
3 Ман осмонро кисвати сӯгворӣ мепӯшонам,
ва палосро пардаи он мегардонам».
4 Худованд Худо забони донишҷӯёнро ба Ман додааст,
то ки тавонам бемачолеро бо калом дастгирӣ намоям;
Ӯ субҳ ба субҳ бедор мекунад,
гӯши Маро бедор мекунад,
то ки мисли донишҷӯён бишнавам.
5 Худованд Худо гӯши Маро кушодааст,
ва Ман муқобилат накардаам,
ақиб нагаштаам.
6 Ман тахтапуштамро ба зарбазанҳо,
ва рухсорамро ба ришканҳо додаам;
рӯямро аз хориҳо ва туфкуниҳо пинҳон накардаам.
7 Ва Худованд Худо ба Ман ёварӣ мекунад;
бинобар ин Ман хиҷолат намекашам;
бинобар ин Ман рӯи Худро
мисли санги чақмоқ нигоҳ медорам,
ва медонам, ки хиҷил нахоҳам шуд.
8 Сафедкунандаи Ман наздик аст.
Кист, ки тавонад бо Ман мубоҳиса намояд?
Якҷоя биистем!
Кист, ки тавонад ба Ман даъво кунад?
Бигзор наздик ояд!
9 Худованд Худо, охир, ба Ман ёварӣ мекунад.
Кист, ки тавонад Маро айбдор кунад?
Ҳамаи онҳо, охир, мисли ҷомае ҷиғда‐ҷиғда
хоҳанд шуд:
онҳоро куя хоҳад зад.
10 Кист аз шумо, ки аз Худованд метарсад
ва ба овози Бандаи Ӯ гӯш медиҳад?
Ҳар касе ки дар торикӣ қадамгузор буда,
рӯшноӣ надошта бошад,
бигзор ба исми Худованд таваккал намояд
ва ба Худои худ такья кунад.
11 Инак ҳамаи шумо, ки оташ меафрӯзед,
ва шарораҳо мепошед, дар алангаи оташи худ
ва дар шарораҳое ки барафрӯхтаед,
қадамгузор бошед!
Ин барои шумо аз дасти Ман аст:
дар андӯҳ хоҳед хобид.
51БОБИ ПАНҶОҲУ ЯКУМ
Наҷоти ояндаи Исроил.
1 «Маро бишнавед, эй муштоқони адлу инсоф,
эй толибони Худованд!
Ба сахрае ки аз он канда шудаед,
ва ба умқи ҳафрае ки аз он берун оварда шудаед,
назар андозед.
2 Ба падаратон Иброҳим,
ва ба Соро, ки шуморо зоидааст, назар андозед;
зеро вақте ки Ман ӯро даъват намудам,
ӯ як нафар буд,
ва ӯро баракат додам, ва ӯро афзун гардонидам.
3 Ба яқин, Худованд Сионро тасаллӣ хоҳад дод,
тамоми харобазори онро тасаллӣ хоҳад дод,
ва биёбони онро мисли Адан,
ва саҳрои онро мисли боғи Худованд хоҳад гардонид;
шодӣ ва хурсандӣ,
шукрона ва овози суруд дар он шунида хоҳад шуд.
4 Эй қавми Ман, ба Ман диққат намоед,
ва эй қабилаи Ман, ба Ман гӯш диҳед!
Зеро ки шариат аз ҷониби Ман хоҳад баромад,
ва Ман инсофи Худро мисли нуре бар қавмон
хоҳам пошид.
5 Адолати Ман наздик аст, наҷоти Ман зоҳир шудааст,
бозуҳои Ман қавмонро доварӣ хоҳад намуд;
ҷазираҳо ба Ман умедвор шуда,
ба бозуи Ман таваккал хоҳанд кард.
6 Чашмони худро сӯи осмон баланд кунед,
ва ба поён, сӯи замин назар андозед,
зеро ки осмон мисли дуд пароканда хоҳад гардид,
ва замин мисли ҷомае ҷиғда‐ҷиғда хоҳад шуд,
ва сокинонаш низ хоҳанд мурд,
валекин наҷоти Ман то абад боқӣ хоҳад монд,
ва адолати Ман хотима нахоҳад ёфт.
7 Маро бишнавед, эй адолатшиносон,
эй қавме ки шариати Ман дар дили шумост!
Аз мазаммати мардум натарсед,
ва аз таҳқири онҳо наҳаросед,
8 Зеро ки онҳоро мисли либосе куя хоҳад зад,
ва кирм онҳоро мисли пашме хоҳад хӯрд,
валекин адолати Ман то абад,
ва наҷоти Ман ба таври доимӣ боқӣ хоҳад монд».
9 Бедор шав, эй бозуи Худованд, бедор шав,
ва ҷомаи қудратро дар бар кун!
Мисли айёми қадим ва даврҳои дерин бедор шав!
Оё ту ҳамон нестӣ, ки Раҳабро куштаӣ,
ва наҳангро нобуд кардаӣ?
10 Оё ту ҳамон нестӣ,
ки баҳр ва обҳои вартаи азимро хушк кардаӣ,
ва умқҳои баҳрро ба роҳе табдил додаӣ,
то ки растагорон убур намоянд?
11 Ва растагорони Худованд баргашта,
бо тараннум ба Сион хоҳанд омад,
ва хурсандии абадӣ бар сари онҳо хоҳад буд;
онҳо ба шодӣ ва хурсандӣ ноил хоҳанд гардид,
ва андӯҳу фиғон нест хоҳад шуд.
12 «Ман, Ман Тасаллидиҳандаи шумо ҳастам.
Ту кистӣ, ки аз инсони миранда метарсӣ,
ва аз писари одам, ки мисли гиёҳ аст?
13 Ва ту Худовандро, ки Офаринандаи туст,
ва Ӯ осмонро густурдааст
ва заминро буньёд кардааст, фаромӯш мекунӣ,
ва ҳамеша, ҳар рӯз аз хашми ситамгар,
вақте ки вай барои нобуд кардан омода мегардад,
ҳаросон мешавӣ.
Вале хашми ситамгар куҷост?
14 Ба зудӣ бандӣ раҳо хоҳад шуд, ва андаруни чоҳ нахоҳад мурд, ва нонаш камӣ нахоҳад кард.
15 Ман Худованд Худои ту ҳастам, ки баҳрро ба ҷӯшу хурӯш меоварам, то ки мавҷҳояш наъра кашад; Худованди лашкарҳо исми Ман аст.
16 Ва Ман каломи Худро дар даҳони ту гузоштаам, ва дар сояи дасти Худ туро пинҳон кардаам, то ки осмонро барқарор намоям, ва заминро буньёд кунам, ва ба Сион бигӯям: „Ту қавми Ман ҳастӣ“».
17 Хушьёр шав, ҳушьёр шав, бархез, эй Ерусалим,
ки ту аз дасти Худованд косаи ғазаби Ӯро нӯшидаӣ,
дурди косаи заҳролудро нӯшида, холӣ кардаӣ.
18 Аз ҳамаи писароне ки вай зоидааст, яке набуд,
ки варо раҳбарӣ намояд,
ва аз ҳамаи писароне ки вай ба воя расонидааст,
яке набуд, ки дасти варо гирад.
19 Ду фалокат ба сари ту омадааст, —
кист, ки ба ту ҳамдардӣ изҳор кунад?
Таҳлука ва шикаст, қаҳтӣ ва шамшер!
Кист, ки туро тасаллӣ диҳад?
20 Писарони ту бемаҷол гардида,
дар сари ҳар кӯча
мисли говмеши ба домафтодае хобидаанд,
дар ҳолате ки аз ғазаби Худованд,
аз итоби Худои ту пур шудаанд.
21 Пас, инро бишнав, эй шӯрбахт,
ва эй масту мадҳуш, вале на аз шароб.
22 Худованди ту, Худованд ва Худои ту,
ки қавми Худро пуштибонӣ мекунад, чунин мегӯяд:
«Инак, Ман косаи заҳролудро,
дурди косаи ғазаби Худро аз дасти ту мегирам:
ту онро дигар нахоҳӣ нӯшид.
23 Ва онро ба дасти касоне ки бар ту ситам мекунанд,
медиҳам, ки онҳо ба ҷони ту мегуфтанд:
„Сарнагун шав, то аз болоят бигзарем“,
ва ту тахтапушти худро мисли замин
ва мисли кӯча барои роҳгузарон гардондаӣ».
52БОБИ ПАНҶОҲУ ДУЮМ
Рӯъёи Ерусалим дар айёми Малакути Худованд.
1 Бедор шав, эй Сион, бедор шав,
ва ҷомаи қудрати худро дар бар кун!
Либоси шавкати худро бипӯш,
эй Ерусалим, эй шаҳри муқаддас!
Зеро ки номахтун ва палид
дигар вориди ту нахоҳад шуд.
2 Худро аз хок биафшон,
бархоста, бинишин, эй Ерусалим!
Завлонаҳоро аз гардани худ бикшо,
эй духтари асиршудаи Сион!
3 Зеро ки Худованд чунин мегӯяд: «Муфт фурӯхта шудаед, ва бе нуқра раҳо хоҳед шуд».
4 Зеро ки Худованд Худо чунин мегӯяд: «Қавми Ман дар ибтидо ба Миср фурӯд омадаанд, то ки дар он ҷо сукунат кунанд, ва пас аз он Ашшур беҳуда бар онҳо ситам кардааст.
5 Ва акнун Маро дар ин ҷо чӣ мақсуд аст, — мегӯяд Худованд, — дар сурате ки қавми Ман муфт гирифта шудаанд? Ҳокимонашон онҳоро ба дод меоваранд, — мегӯяд Худованд, — ва ҳамеша, ҳар рӯз исми Ман хор дошта мешавад.
6 Бинобар ин қавми Ман исми Маро хоҳанд шинохт; бинобар ин дар он рӯз хоҳанд донист, ки Ман ҳамон ҳастам, ки мегӯяд: „Инак, Ман ҳозирам!“»
7 Чӣ гуна зебост бар кӯҳҳо пойҳои мубашшир,
ки аз сулҳу осоиштагӣ башорат медиҳад,
аз некӣ башорат медиҳад,
наҷотро зълон мекунад,
ба Сион мегӯяд: «Худои ту салтанат меронад!»
8 Овози дидбонони туст, ки овоз баланд карда,
якҷоя тараннум менамоянд,
зеро бо чашмони худ мебинанд,
ки Худованд ба Сион бармегардад.
9 Бо шодӣ овоз баланд карда,
якҷоя тараннум намоед, эй харобаҳои Ерусалим!
Зеро ки Худованд қавми Худро тасаллӣ дода,
Ерусалимро раҳо кардааст.
10 Худованд бозуи муқаддаси Худро
пеши назари хамаи халқҳо бараҳна кардааст,
ва тамоми ақсои замин
наҷоти Худои моро хоҳанд дид.
11 Дур шавед, дур шавед, аз он ҷо берун оед!
Ба чизи нопок нарасед!
Аз миёни он берун равед, худро тоза кунед,
эй онҳое ки зарфҳои Худовандро мебардоред!
12 Зеро ки шитобон берун нахоҳед рафт,
ва гурезон равона нахоҳед шуд,
зеро ки пешопеши шумо Худованд хоҳад рафт,
ва соқаи шумо Худои Исроил хоҳад буд.
13 Инак, бандаи Ман комьёб хоҳад гардид,
олиқадр ва болодаст ва ниҳоятдараҷа баланд
хоҳад шуд.
14 Чунон ки бисьёр касон аз Ту дар ҳайрат
монда буданд, —
зеро ки намуди Ӯ аз ҳар шахс,
ва симои Ӯ аз банӣ‐одам бештар маиб шуда буд! —
15 Ончунон Ӯ халқҳои зиёдро дар ҳайрат хоҳад андохт;
подшоҳон пеши Ӯ даҳони худро хоҳанд баст,
зеро он чиро, ки ба онҳо ҳикоят карда нашуда буд,
хоҳанд дид,
ва он чиро, ки нашунида буданд, хоҳанд фаҳмид.
53БОБИ ПАНҶОҲУ СЕЮМ
Қурбонии Масеҳи муовин — бандаи Худо.
1 Кист, ки ба овозаи ба гӯши мо расида
бовар карда бошад,
ва кист, ки бозуи Худованд бар вай
зоҳир гардида бошад?
2 Ӯ мисли навдае ба ҳузури Худованд рӯидааст,
ва мисли решае аз замини хушк;
Ӯро на симое буд, на ҷамоле, то ҳавас кунем,
ки ба Ӯ назар андозем;
ва на намуде буд, то муштоқи дидораш гардем.
3 Ӯ манфур буд ва радди мардум,
дардманд ва ранҷур,
ва мисли касе ки аз вай рӯй мегардонанд;
Ӯ манфур буд, ва мо Ӯро писанд намекардем.
4 Аммо Ӯ бемориҳои моро ба сар мебурд,
ва ба дардҳои мо мубтало буд,
валекин мо гумон бурдем, ки Ӯро Худо зада,
ба мусибат ва азиятҳо гирифтор кардааст.
5 Ва ҳол он ки Ӯ аз ҷиноятҳои мо маҷрӯҳ,
ва аз гуноҳҳои мо афсурдахотир шудааст;
сазои осоиштагии мо бар Ӯст,
ва ба воситаи ҷароҳатҳои Ӯ мо шифо ёфтаем.
6 Ҳамаамон мисли гӯсфандон гумроҳ будем:
ҳар яке ба роҳи худ мерафтем;
ва Худованд гуноҳи ҳамаи моро
ба гардани Ӯ монд.
7 Ӯ ситам кашид, вале гардан фуровард,
ва даҳони Худро воз накард;
мисли гӯсфанде ки барои забҳ бурда мешавад,
ва мисли баррае ки назди пашмтарошонаш
безабон аст,
Ӯ ҳамчунон даҳони Худро воз накард;
8 Ӯ аз банд ва аз доварӣ гирифта шуд,
ва кист, ки бо насли Ӯ мусоҳиба намояд?
Зеро ки Ӯ аз замини зиндаҳо қатъ карда шуд;
барои гуноҳҳои қавми Ман ба Ӯ осеб расид.
9 Ва қабри Ӯро бо шарирон таъин карданд,
вале баъд аз мурданаш — бо сарватдоре гӯрониданд,
гарчанде ки Ӯ гуноҳе накардааст,
ва дар забонаш макре набуд.
10 Валекин хости Худованд ин буд,
ки Ӯро зарба зада, ба дардҳо гирифтор кунад;
вақте ки Ӯ ҷони Худро кафорат намояд,
насл дида, умраш дароз хоҳад шуд,
ва хости Худованд дар дасти Ӯ муяссар хоҳад гардид.
11 Ӯ аз заҳмати ҷони Худ самар дида, қонеъ хоҳад шуд;
Бандаи Одили Ман бо дониши Худ
мардуми бисьёреро сафед хоҳад кард,
ва гуноҳҳои онҳоро бар дӯши Худ хоҳад бардошт.
12 Бинобар ин Ман ба Ӯ дар миёни бузургон
ҳиссае хоҳам дод,
ва Ӯ ғаниматро бо зӯроварон тақсим хоҳад кард,
дар ивази он ки ҷони Худро ба марг таслим намуд,
ва аз ҷинояткорон шумурда шуд,
ва гуноҳи мардуми бисьёреро бар худ бор кард,
ва барои ҷинояткорон шафоат намуд.
54БОБИ ПАНҶОҲУ ЧОРУМ
Исроили аз нав барпошуда дар симои Арӯси Худованд.
1 «Шод бош, эй безурьёт, ки назоидаӣ;
тараннум намо ва хурсандӣ бикун,
ки дарди зоиш накашидаӣ;
зеро писарони зане ки матрук аст,
назар ба зани шавҳардор зиёдтаранд, — мегӯяд
Худованд.
2 Ҷои хаймаи худро васеътар бикун,
то ки пардаҳои масканҳоят паҳн шавад;
дареғ надор: танобҳоятро дароз карда,
мехҳоятро маҳкамтар бизан.
3 Зеро ки ту ба тарафи рост ва чап паҳн хоҳӣ шуд,
ва насли ту халқҳоро тасарруф хоҳанд намуд
ва шаҳрҳои харобаро маскун хоҳанд кард.
4 Натарс, зеро ки хиҷил нахоҳӣ шуд;
ва ошуфта нашав, зеро ки бадном нахоҳӣ гардид,
чунки хиҷолати ҷавонии худро фаромӯш хоҳӣ кард,
ва бадномии бевагии худро дигар ба ёд нахоҳӣ овард.
5 Зеро ки Офаринандаи ту шавҳари туст,
ки исми Ӯ Худованди лашкарҳост;
ва Қуддуси Исроил Раҳокунандаи туст;
Ӯ Худои тамоми замин хонда хоҳад шуд.
6 Зеро ки Худованд туро мисли завҷаи матрук
ва афтодарӯҳе даъват менамояд,
ва мисли завҷаи айёми ҷавонӣ, ки мардуд буд,
— мегӯяд Худои ту.
7 Ба андак муддате Ман туро тарк кардаам,
ва бо марҳамати бузурге туро фароҳам хоҳам овард.
8 Дар оташи ғазаб рӯи Худро як лаҳза аз ту пинҳон доштаам,
ва бо эҳсони абадӣ ба ту раҳм хоҳам кард, —
мегӯяд Худованди Раҳокунандаи ту.
9 Зеро ки ин дар назари Ман мисли обҳои Нӯҳ аст:
чунон ки Ман қасам хӯрдаам,
ки обҳои Нӯҳ дигар бар замин ҷорӣ нахоҳад шуд,
ончунон Ман қасам хӯрдаам, ки бар ту ғазаб накунам
ва туро мазаммат нанамоям.
10 Зеро ки кӯҳҳо аз ҷои худ дур хоҳад шуд,
ва теппаҳо футур хоҳад рафт,
вале эҳсони Ман аз ту дур нахоҳад шуд,
ва аҳди сулҳу осоиштагии Ман футур нахоҳад рафт, —
мегӯяд Худованде ки ба ту раҳм мекунад.
Исроили аз нав барпошуда дар амният.
11 Эй шӯрбахт, ки дар изтироб афтодаӣ ва тасаллӣ наёфтаӣ!
Инак, Ман сангҳои туро бар сурма хоҳам ниҳод,
ва буньёди туро бар ёқути кабуд.
12 Ва кунгураҳои туро аз ёқути руммонӣ,
ва дарвозаҳои туро аз сангҳои баҳрамон,
ва тамоми девори туро аз сангҳои гаронбаҳо
хоҳам сохт.
13 Ва ҳамаи писарони ту аз Худованд таълим хоҳанд ёфт,
ва писарони туро осоиштагии бузурге хоҳад буд.
14 Бар адолат асос хоҳӣ ёфт;
аз ситам дур хоҳӣ буд, зеро ки нахоҳӣ тарсид,
ва аз даҳшат, — зеро ки он ба ту наздик нахоҳад шуд.
15 Агар барои ҷанг ҷамъ шаванд, аз ҷониби Ман нахоҳад буд.
Ҳар кӣ бар зидди ту ҷамъ шудааст, пеши ту фурӯ хоҳад ғалтид.
16 Инак, Ман оҳангареро офаридаам, ки вай ангиштро дар оташ дам медиҳад,
ва олате барои кори худ месозад;
ва Ман низ вайронкорро барои хароб кардан офаридаам.
17 Ҳар олате ки бар зидди ту сохта шавад, муваффақият нахоҳад ёфт;
ва ҳар забонеро, ки бар зидди ту ба мурофиа бархезад,
айбдор хоҳӣ кард.
Ин аст насибаи бандагони Худованд,
ва сафед кардани онҳо аз ҷониби Ман аст», — мегӯяд Худованд.
55БОБИ ПАНҶОҲУ ПАНҶУМ
Дар бораи наҷоти ҷовидонӣ.
1 «Эй ҳамаи ташнагон, сӯи обҳо биёед!
Ва эй онҳое ки нуқра надоред, биёед, бихаред,
ва бихӯред!
Ва омада, бе нуқра ва бе баҳо шароб ва шир бихаред!
2 Чаро нуқраро барои он чи нон нест,
ва меҳнати худро барои он чи сер намекунад,
сарф менамоед?
Маро бодиққат бишнавед, ва чизҳои хубро бихӯред,
то ки ҷони шумо аз фаровонӣ лаззат барад.
3 Гӯши худро хам карда, назди Ман биёед;
бишнавед, то ки ҷони шумо зинда шавад;
ва Ман ба шумо аҳди ҷовидонӣ,
яъне марҳаматҳои боэътимоди Довудро хоҳам бахшид.
4 Инак, Ман Ӯро шоҳиде барои умматҳо,
пешво ва ҳокими қабилаҳо гардонидаам.
5 Инак, халқеро, ки ту намешинохтӣ, даъват хоҳӣ намуд,
ва халқе ки туро намешинохтанд, сӯи ту хоҳанд давид,
ба хотири Худованд Худои ту ва Қуддуси Исроил,
зеро ки Ӯ туро шавкат бахшидааст.
6 Худовандро толиб бошед, вақте ки Ӯ ёфт мешавад;
Ӯро бихонед, вақте ки Ӯ наздик аст.
7 Бигзор шарир роҳи худро,
ва шахси бадкор фикрҳои худро тарк карда,
сӯи Худованд баргардад,
ва Ӯ ба вай раҳм хоҳад кард;
ва сӯи Худои мо баргардад,
зеро ки Ӯ бисьёр меомурзад.
8 Зеро ки фикрҳои Ман фикрҳои шумо нест,
ва роҳҳои шумо роҳҳои Ман нест, — мегӯяд Худованд.
9 Зеро, чунон ки осмон аз замин баланд аст,
ончунон роҳҳои Ман аз роҳҳои шумо,
ва фикрҳои Ман аз фикрҳои шумо баланд аст.
10 Зеро, чунон ки борон ва барф аз осмон меборад
ва ба он ҷо барнамегардад, балки заминро
сероб карда, онро ҳосилхез
ва сабзу хуррам мегардонад,
ва ба зироаткор тухм ва ба нонхӯр нон мебахшад,
11 Ончунон каломе ки аз даҳони Ман мебарояд,
хоҳад буд:
вай сӯи Ман бенатиҷа нахоҳад баргашт,
балки он чиро, ки Ман хостаам, ба ҷо хоҳад овард,
ва ба иҷрои он чи, ки барояш варо фиристодаам,
муваффақ хоҳад шуд.
12 Зеро ки шумо бо хурсандӣ берун хоҳед рафт,
ва бо осоиштагӣ гуселонида хоҳед шуд;
кӯҳҳо ва теппаҳо пеши шумо бо овози баланд тараннум хоҳанд кард,
ва хамаи дарахтони саҳро қарсак хоҳанд зад.
13 Ба ҷои хорбӯтта сарв хоҳад рӯид,
ва ба ҷои газна ос хоҳад рӯид;
ва ин барои Худованд ҷалоле,
аломати ҷовидонии маҳвнопазире хоҳад буд».
56БОБИ ПАНҶОҲУ ШАШУМ
Дастурҳо оид ба ахлоқ.
Пешвоёни нобоб ҷазо хоҳанд дид.
1 Худованд чунин мегӯяд:
«Инсофро нигоҳ доред ва адолатро ба амал оваред,
зеро ки наҷоти Ман ба зудӣ хоҳад омад,
ва адолати Ман зоҳир хоҳад шуд.
2 Хушо касе ки инро ба ҷо меоварад,
ва одаме ки ба ин пайравӣ менамояд,
шанберо нигоҳ дошта, палид намекунад
ва дасти худро аз ҳар бадкирдорӣ бозмедорад».
3 Ва бигзор аҷнабие ки ба Худованд ҳамроҳ
шуда бошад, нагӯяд:
«Худованд маро аз қавми Худ тамоман ҷудо
кардааст»,
ва хоҷасарой нагӯяд: «Ман, охир, дарахти
хушк ҳастам».
4 Зеро ки Худованд дар бораи хоҷасароён
чунин мегӯяд:
«Онҳое ки шанбеҳои Маро нигоҳ медоранд,
ва он чиро, ки дилхоҳи Ман аст, интихоб мекунанд,
ва ба аҳди Ман пайравӣ менамоянд, —
5 Ба онҳо дар хонаи Худ ва андаруни деворҳои
Худ ёдгорӣ
ва исме беҳтар аз писарон ва духтарон
хоҳам дод;
исми ҷовидоние ки маҳвнопазир аст, ба онҳо
хоҳам дод.
6 Ва аҷнабиёне ки ба Худованд ҳамроҳ шуда бошанд,
то ки ба Ӯ хизмат кунанд ва исми Худовандро
дӯст дошта,
бандагони Ӯ гарданд, яъне ҳамаи онҳое ки
шанберо нигоҳ дошта,
палид намекунанд ва ба аҳди Ман пайравӣ
менамоянд, —
7 Онҳоро Ман ба кӯҳи муқаддаси Худ хоҳам овард,
ва онҳоро дар хонаи ибодати Худ шод хоҳам кард;
қурбониҳои сӯхтанӣ ва забҳҳои онҳо
бар қурбонгоҳи Ман мақбул хоҳад буд,
зеро ки хонаи Ман хонаи ибодат барои
ҳамаи қавмҳо хонда хоҳад шуд».
8 Худованд Худо, ки рондашудагони Исроилро
ҷамъ меоварад, мегӯяд:
«Ба замми онҳое ки ҷамъ омадаанд, Ман боз
ҷамъ хоҳам овард».
9 Эй тамоми ҳайвоноти саҳро, омада бихӯред!
Эй тамоми ҳайвоноти ҷангал!
10 Посбонони вай ҳамаашон кӯр ҳастанд ва нодон;
ҳамаашон сагони гунг ҳастанд, ки наметавонанд
ак‐ак кунанд;
хобида сафсата мегӯянд, пинак рафтанро дӯст медоранд.
11 Ва инҳо сагони ҳарисанд, ки сериро намедонанд;
ва онҳо чӯпононанд, ки наметавонанд фаҳм кунанд;
ҳамаашон ба роҳи худ мераванд,
ҳар яке, саросар, фоидаи худро хоҳон аст.
12 Мегӯянд: «Биёед! Шароб биёрам, ва мо арақ
нӯшида маст шавем;
ва фардо мисли имрӯз, балки боз ҳам зиёдтар
хоҳад буд».
57БОБИ ПАНҶОҲУ ҲАФТУМ
Осоиштагӣ насиби одилон аст;
шарирон дар ташвиши доимӣ хоҳанд буд.
1 Одил нобуд мешавад, ва касе нест,
ки инро ба дил гирад;
ва мардуми порсо аз миён мераванд,
ва касе фаҳм намекунад,
ки одил ба сабаби шӯру шар аз миён меравад.
2 Вай ба макони сулҳу осоиштагӣ дохил мешавад;
онҳое ки бо роҳи рост равонанд,
бар ҷогаҳҳои худ ором хоҳанд ёфт.
3 Вале шумо, эй писарони ҷодугар,
эй зурьёти фосиқ ва фоҳиша,
ба ин ҷо наздик оед!
4 Шумо бар кӣ истеҳзо менамоед?
Бар кӣ даҳонро воз ва забонро дароз мекунед?
Шумо, охир, фарзандони ҷиноят,
зурьёти кизб ҳастед,
5 Ки дар сояи дарахтони писта,
ба зери ҳар дарахти сабз худро барои ҷимоъ
ба ҷӯш меоваред,
ва кӯдаконро дар водиҳо,
ба зери шикофҳои сахраҳо забҳ мекунед!
6 Дар миёни сангҳои суфтаи водӣ қисмати туст;
ҳаминҳо насиби туст;
барои онҳо низ ҳадияҳои рехтанӣ мерезӣ,
ҳадияҳои ордӣ меоварӣ;
оё Ман метавонам аз инҳо сарфи назар кунам?
7 Бар кӯҳи баланд ва саркаш
ту ҷогаҳи худро гузоштаӣ;
ба он ҷо низ баромада, забҳ мекунӣ.
8 Ва бар пушти дар ва паҳлудариҳо ёдоварди
бути худро овехтаӣ,
зеро ки аз Ман рӯ тофта, бараҳна шудаӣ,
ва бар ҷогаҳи худ баромада, онро васеъ кардаӣ,
ва бо баъзе аз онҳо аҳд бастаӣ,
ҷогаҳи онҳоро дӯст доштаӣ,
вақте ки ҷои мувофиқе дидаӣ.
9 Ва бо равғани атрафшон назди Мӯлик+ 57:9 Мӯлик — худои қадими канъониён, ки барояш фарзандони худро қурбонӣ мекарданд. низ рафтаӣ,
ва атриёти худро афзун кардаӣ,
ва элчиёни худро ба ҷойҳои дур фиристодаӣ,
ва худро то ба дӯзах паст гардонидаӣ.
10 Аз роҳи дуру дарози худ лакот шудаӣ,
лекин нагуфтаӣ: «Умеде нест!»
Боз қуввате дар дасти худ пайдо кардаӣ,
бинобар ин ба ташвиш наафтодаӣ.
11 Пас ту аз кӣ тарсидаӣ ва ҳаросон шудаӣ,
ки хиёнат кардаӣ, ва Маро ба ёд наовардаӣ,
оқибати инро ба дил нагирифтаӣ?
Оё на аз он сабаб ки Ман дер вақт хомӯш мондаам,
ва ту аз Ман натарсидаӣ?
12 Ман адолати ту ва аъмоли туро маълум хоҳам кард,
ва онҳо ба ту фоидае нахоҳад бахшид.
13 Вақте ки доду фарьёд бардорӣ, оё андӯхтаи бутхоят
туро халосӣ медиҳад?
Ҳамаи онҳоро боде хоҳад бардошт
ва нафасе хоҳад бурд,
валекин ҳар кӣ ба Ман паноҳ мебарад, вориди замин хоҳад шуд,
ва кӯҳи муқаддаси Маро тасарруф хоҳад намуд.
14 Ва гуфт: «Ҳамвор кунед, ҳамвор кунед,
роҳро холӣ кунед,
монеаро аз роҳи қавми Ман дур кунед!»
15 Зеро Ӯ, ки Олӣ ва Баланд аст, ва дар абадият Сокин мебошад,
ва исмаш Қуддус аст, чунин мегӯяд:
«Ман дар макони олӣ ва муқаддас,
вале бо мазлум ва афтодарӯҳ сукунат дорам,
то ки рӯҳи афтодагонро зинда созам,
ва дили мазлумонро эҳьё намоям.
16 Зеро ки то абад додгарӣ нахоҳам кард,
ва беинтиҳо ғазаб нахоҳам намуд,
вагар на рӯҳ ва ҷонҳое ки Ман офаридаам,
пеши Ман бемаҷол хоҳанд шуд.
17 Барои гуноҳи тамаъкории ӯ Ман ба хашм омада,
ӯро зарба задам,
рӯи Худро пинҳон доштам ва ғазаб намудам,
вале ӯ густохона бо роҳи дили худ рафтан гирифт.
18 Роҳҳои ӯро Ман дидаам, вале ӯро шифо хоҳам дод,
ва ӯро ҳидоят хоҳам кард, ва ӯ ва мотамдорони ӯро
тасаллӣ хоҳам дод.
19 Ман самари лабҳоро ба вуҷуд хоҳам овард,
ки чунин аст:
осоиштагӣ, осоиштагӣ ба касе ки дур аст,
ва ба касе ки наздик аст, —
мегӯяд Худованд, — ва ӯро шифо хоҳам дод».
20 Валекин шарирон мисли баҳри пурталотуманд,
ки он наметавонад ором шавад,
ва обҳояш лой ва лӯшро берун мепартояд.
21 «Барои шарирон осоиштагӣ нахоҳад буд», — мегӯяд
Худои ман.
58БОБИ ПАНҶОҲУ ҲАШТУМ
Мазаммат дар ҳаққи порсоии зоҳирӣ.
Некуӣ насиби порсоии ҳақиқист.
1 «Бо тамоми овоз хитоб намо, худдорӣ накун!
Овози худро мисли шох баланд карда,
ба қавми Ман ҷинояташонро,
ва ба хонадони Яъқуб гуноҳашонро эълон намо.
2 Ба яқин, онҳо Маро ҳар рӯз меҷӯянд, ва роҳҳои Маро
зоҳиран мехоҳанд,
мисли халқе ки адолатро риоя намудаанд,
ва шариати Худои худро тарк накардаанд;
аҳкоми адолатро аз Ман пурсида,
гӯё мехоҳанд ба Худо наздик бошанд:
3 „Чаро рӯза доштем, вале Ту намебинӣ?
Ҷонҳои худро азоб додем, вале Ту намедонӣ?“
Шумо, охир, дар рӯзи рӯзаи худ низ
корубори худро меёбед,
ва ҳамаи коргарони худро ба танг меоваред.
4 Шумо, охир, барои низоъ ва нифоқ рӯза медоред,
ва барои он ки бо мушти шарорат бизанед;
имрӯз шумо тавре рӯза намедоред, ки овозатон
дар афроз шунида шавад.
5 Оё чунин аст рӯзае ки гузидаи Ман бошад,
— рӯзе ки одамизод ҷонашро азоб медиҳад?
Оё ин барои он аст, ки кас сари худро мисли най
хам созад,
ва палосу хокистар зери худ андозад?
Оё инро рӯза ва рӯзи писандидаи Худованд мехонӣ?
6 Охир, рӯзае ки гузидаи Ман бошад, чунин аст:
завлонаҳои шароратро бикшо, гиреҳҳои юғро воз кун,
ва мазлумонро озод намо,
ва ҳар юғро бишкан;
7 Нони худро ба гуруснагон тақсим кун,
ва бенавоёни оворагардро ба хонаи худ биёр;
вақте ки бараҳнаро бинӣ, ӯро либос пӯшон,
ва аз ақрабои худ пинҳон нашав.
8 Он гоҳ нури ту мисли шафақ ҷило хоҳад дод,
ва шифои ту ба зудӣ фаро хоҳад расид,
ва адолати ту пешопеши ту хоҳад рафт,
ва ҷалоли Худованд соқаи ту хоҳад буд.
9 Он гоҳ ту дуо хоҳӣ гуфт, ва Худованд иҷобат
хоҳад намуд;
ту истиғоса хоҳӣ кард, ва Ӯ хоҳад гуфт: „Инак,
Ман ҳозирам!“
Агар юғ, ишорати ангушт ва бадгапиро
аз миёни худ дур созӣ,
10 Ва ҷони худро ба гуруснае бидиҳӣ,
ва ҷони ситамкашеро сер кунӣ, —
он гоҳ нури ту дар зулмот хоҳад дурахшид,
ва торикии ту мисли нимирӯзӣ хоҳад буд;
11 Ва Худованд туро ҳамеша ҳидоят хоҳад намуд,
ва дар хушксолиҳо туро сер хоҳад кард,
ва ба устухонҳои ту қувват хоҳад дод,
ва ту мисли боғи сероб хоҳӣ буд,
ва мисли чашмае ки обаш ҳаргиз адо намешавад.
12 Ва онҳое ки аз ту ба вуҷуд меоянд,
харобаҳои қадимро бино хоҳанд кард,
ва ту асосҳои чандин асрро барпо хоҳӣ намуд,
ва туро таъмиркунандаи рахнаҳо,
ободкунандаи роҳҳо барои сукунат хоҳанд номид.
13 Агар пои худро ба хотири шанбе
аз иҷрои корубори худ дар рӯзи муқаддаси Ман боздорӣ,
ва шанберо ҳаловат, ва рӯзи муқаддаси
Худовандро мӯҳтарам бихонӣ,
ва онро эҳтиром намоӣ бе он ки ба роҳҳои худ
равона шавӣ,
коруборе барои худ пайдо кунӣ
ва дар ин хусус суханони беҳуда ронӣ, —
14 Он гоҳ дар Худованд ҳаловат хоҳӣ бурд,
ва туро бар баландиҳои замин хоҳам баровард,
ва ирси падарат Яъқубро ба ту хоҳам чашонид,
зеро ки даҳони Худованд инро гуфтааст».
59БОБИ ПАНҶОҲУ НӮҲУМ
Ҳалокати қавми шарир.
Ваъдаи омадани Раҳокунанда.
1 Охир, дасти Худованд кӯтоҳ нест,
ки наҷот надиҳад,
ва гӯши Ӯ вазнин нест,
ки нашнавад,
2 Балки гуноҳҳои шумо дар миёни шумо
ва Худои шумо ҷудоӣ андохтааст,
ва хатоҳои шумо рӯи Ӯро аз шумо пӯшидааст,
то ки нашнавад.
3 Зеро ки дастҳои шумо ба хун,
ва ангуштҳои шумо ба гуноҳ олуда шудааст;
лабҳои шумо дурӯғ мегӯяд,
забони шумо ноинсофона сухан меронад.
4 Ҳеҷ кас толиби адолат нест,
ва ҳеҷ кас аз рӯи ростӣ доварӣ намекунад:
ба ҳеҷу пуч умед мебанданд ва суханони ботил мегӯянд,
ба хабосат ҳомила мешаванд ва бадиро мезоянд.
5 Аз тухмҳои афъӣ бача мебароваранд,
ва тори анкабӯт метананд;
Ҳар кӣ аз тухмҳои онҳо бихӯрад, мемирад,
ва агар пахш кунад, афъӣ берун меояд.
6 Тори анкабӯти онҳо барои либос кор намеояд,
ва онҳо худро бо самари аъмолашон
наметавонанд пӯшонанд;
аъмоли онҳо аъмоли ҷафост,
ва кори ситам дар дасти онҳост.
7 Пойҳои онҳо сӯи шарорат медавад,
ва ба рехтани хуни шахси бегуноҳ мешитобад;
фикрҳои онҳо фикрҳои ҷафост;
тороҷ ва шикаст дар ҷоддаҳои онҳост.
8 Онҳо роҳи осоиштагиро намедонанд,
ва дар тариқҳои онҳо инсофе нест;
ҷоддаҳои худро качу килеб кардаанд:
ҳар кӣ бо онҳо қадамгузор бошад, осоиштагиро
намедонад.
9 Бинобар ин инсоф аз мо дур шудааст,
ва адолат ба мо намерасад;
ба нур умедвор мешавем, ва инак зулмот аст,
ба дурахшҳо нигарон ҳастем —
дар торикӣ қадам мемонем.
10 Мисли кӯрон деворро даст‐даст мекунем,
ва мисли касони бечашм даст‐дасткунон роҳ меравем;
дар нимирӯзӣ мисли торикии шом пешпо мехӯрем,
дар миёни тандурустон мисли мурдагонем.
11 Ҳамаамон мисли хирсон наъра мезанем,
ва мисли кабӯтарон нолиш мекунем;
ба инсоф умедворем — ва нест,
ба наҷот умедворем — аз мо дур аст.
12 Зеро ки ҷиноятҳои мо пеши Ту бисьёр шудааст,
ва хатоҳои мо ба муқобили мо шаҳодат медиҳад;
зеро ки ҷиноятҳои мо бо мост,
ва гуноҳҳои худро медонем.
13 Хиёнат карда, мункири Худованд шудаем,
ва аз Худои худ дурӣ гузидаем;
каломи зулм ва куфрро ба забон рондаем,
суханони дурӯғро аз дил гузаронида, ифода намудаем.
14 Ва инсоф ақиб гаштааст,
ва адолат дар ҷои дур истодааст,
зеро ки ростӣ дар майдон пешпо хӯрдааст,
ва дурусткорӣ наметавонад биёяд.
15 Ва ростӣ нест шудааст,
ва ҳар кӣ аз бадӣ канорагирӣ кунад, гирифтори таҳқир мешавад;
ва Худованд дид,
ва дар назари Ӯ бад омад, ки инсофе нест.
16 Ва дид, ки одаме нест,
ва тааҷҷуб намуд, ки пуштибоне нест;
ва бозуи Ӯ ба Ӯ мададгор шуд,
ва адолати Ӯ Ӯро дастгирӣ намуд.
17 Ва Ӯ адолатро мисли зиреҳ дар бар кард,
ва хӯди наҷотро бар сари Худ ниҳод,
ва пероҳани интиқомро дар ивази либос дар бар кард,
ва рашкро мисли ҷомае пӯшид, —
18 Бар тибқи аъмоли онҳо; бар тибқи он Ӯ подош хоҳад дод:
ғазабро ба адуёни Худ, подошро ба душманони Худ,
сазоро ба ҷазираҳо хоҳад дод.
19 Ва дар ғарб аз исми Худованд,
ва дар тарафи тулӯи офтоб аз ҷалоли Ӯ хоҳанд тарсид;
вақте ки душман мисли наҳре ба ҳуҷум ояд,
нафаси Худованд варо хоҳад ронд.
Раҳокунандаи Сион меояд.
20 «Ва Раҳокунандае барои Сион хоҳад омад,
ва барои онҳое ки дар Яъқуб аз маъсият баргашта бошанд, — мегӯяд Худованд.
21 Ва Ман, чунин аст аҳди Ман бо онҳо, — мегӯяд Худованд: Рӯҳи Ман, ки бар туст,
ва каломи Ман, ки Ман дар даҳони ту гузоштаам,
аз даҳони ту, ва аз даҳони насли ту,
ва аз даҳони насли насли ту дур нахоҳад шуд,
— мегӯяд Худованд, — аз алҳол ва то абад».
60БОБИ ШАСТУМ
Давоми он.
1 Бархез, мунаввар шав, зеро ки нури ту омадааст,
ва ҷалоли Худованд бар ту тулӯъ намудааст.
2 Зеро инак, торикӣ заминро,
ва меғ қабилаҳоро мепӯшонад,
вале бар ту Худованд тулӯъ хоҳад кард,
ва ҷалоли Ӯ бар ту зоҳир хоҳад шуд.
3 Ва халқҳо сӯи нури ту,
ва подшоҳон сӯи дурахши тулӯи ту равона хоҳанд шуд.
4 Чашмони худро ба ҳар ҷониб баланд намуда, бингар:
ҳамаашон ҷамъ шуда, сӯи ту меоянд:
писаронат аз дур хоҳанд омад,
ва духтаронат дар канор гирифта хоҳанд шуд.
5 Онҳоро дида, чеҳраат аз шодӣ хоҳад дурахшид,
ва дилат ба тапиш афтода, васеъ хоҳад шуд,
зеро ки сарвати баҳр сӯи ту рӯ хоҳад овард,
дороии халқҳо назди ту хоҳад омад.
6 Анбӯҳи шутурон — шутурони ҷавони Мидьён
ва Эйфо — туро пур хоҳад кард;
ҳамаашон аз Шабо хоҳанд омад,
тилло ва лебӯно хоҳанд овард,
ва ҳамду санои Худовандро башорат хоҳанд дод.
7 Ҳамаи гӯсфандони Қедор назди ту ҷамъ хоҳанд шуд;
қӯчқорҳои Набойӯт ба ту хизмат хоҳанд кард:
бар қурбонгоҳи Ман баромада, мақбул хоҳанд шуд,
ва Ман хонаи шавкати Худро ҷалол хоҳам дод.
8 Инҳо кистанд, ки мисли абр парвоз мекунанд,
ва мисли кабӯтарон сӯи равзанҳои худ?
9 Ба яқин, ҷазираҳо, ва пешопешашон
киштиҳои Таршиш
назди Ман ҷамъ хоҳанд шуд,
то ки писарони туро аз дурдаст,
ва нуқраю тиллои онҳоро бо онҳо биёранд,
ба хотири исми Худованд Худои ту,
ва ба хотири Қуддуси Исроил,
зеро ки Ӯ туро ҷалол додааст.
10 Ва аҷнабиён ҳисорҳои туро бино хоҳанд кард,
ва подшоҳони онҳо хизмати туро ба ҷо хоҳанд овард,
зеро ки дар ғазаби Худ туро зарба задаам,
вале дар таваҷҷӯҳи Худ ба ту раҳм хоҳам кард.
11 Ва дарвозаҳои ту ҳамеша воз хоҳад буд,
рӯз ва шаб баста нахоҳад шуд,
то ки дороии халқҳоро назди ту биёранд,
ва подшоҳони онҳо низ оварда шаванд.
12 Зеро ҳар халқ ва мамлакате ки ба ту хизмат
накунад, нобуд хоҳад шуд,
ва он халқҳо тамоман нест хоҳанд гардид.
13 Ҷалоли Лубнон, сарв, коҷ ва шамшоди он
бо якҷоягӣ назди ту хоҳад омад,
то ки макони муқаддаси Маро зинат диҳад,
ва Ман қадамгоҳи Худро ҷалол хоҳам дод.
14 Ва писарони онҳое ки туро ба танг меоварданд,
сар фурӯд оварда, назди ту хоҳанд омад,
ва ҳамаи онҳое ки аз ту нафрат доштанд,
ба кафи пойҳои ту саҷда хоҳанд кард,
ва туро шаҳри Худованд,
Сиони Қуддуси Исроил хоҳанд номид.
15 Дар ивази он ки ту матрук ва манфур будӣ,
ва касе аз ту гузар намекард,
Ман туро ифтихори ҷовидонӣ,
шодии наслҳои зиёд хоҳам гардонид.
16 Ва аз шири халқҳо сер хоҳӣ шуд,
ва пистони подшоҳонро хоҳӣ макид,
ва хоҳӣ донист, ки Ман Худованди Наҷотдиҳандаи ту
ва Раҳокунандаи ту, Неруманди Яъқуб ҳастам.
17 Ба ҷои мис тилло хоҳам овард,
ва ба ҷои оҳан нуқра хоҳам овард,
ва ба ҷои чӯб — мис,
ва ба ҷои санг — оҳан;
ва осоиштагиро ҳокими ту,
ва адолатро нозири ту хоҳам гардонид.
18 Зулм дар замини ту, тороҷу шикаст дар ҳудуди ту дигар шунида нахоҳад шуд;
ва ҳисорҳои худро наҷот,
ва дарвозаҳои худро ҷалол хоҳӣ номид.
19 Офтоб барои ту дигар рӯшноии рӯз нахоҳад буд,
ва дурахши моҳ барои ту равшанӣ нахоҳад дод,
балки Худованд барои ту нури ҷовидонӣ,
ва Худои ту шавкати ту хоҳад буд.
20 Офтоби ту дигар ғуруб нахоҳад кард,
ва моҳи ту пинҳон нахоҳад шуд,
зеро ки Худованд барои ту нури ҷовидонӣ хоҳад буд,
ва рӯзҳои мотами ту тамом хоҳад шуд.
21 Ва қавми ту ҳамаашон одил хоҳанд буд,
ба сурати абадӣ вориси замин хоҳанд шуд;
онҳо ниҳоли шинондаи Ман,
амали дастҳои Ман ҳастанд,
то ки ҷалол ёбам.
22 Камшумор ба ҳазорҳо мубаддал хоҳад шуд,
ва бемаҷол — ба халқи зӯровар.
Ман — Худованд инро дар вақташ хоҳам тезонид.
61БОБИ ШАСТУ ЯКУМ
Масеҳе ки меояд, баъд аз рӯзи инмиқом манбаи файз хоҳад буд.
1 Рӯҳи Худованд Худо бар Ман аст,
зеро ки Худованд Маро тадҳин намудааст:
Маро фиристодааст, то ки ба мискинон башорат диҳам,
шикастадилонро шифо бахшам,
озодиро ба асирон ва фатҳи зиндонро ба бандиён эълон намоям;
2 Соли таваҷҷӯҳи Худованд
ва рӯзи интиқоми Худои моро эълон намоям,
ҳамаи мотамзадагонро тасаллӣ бахшам;
3 Мотамзадагони Сионро ато намуда,
ба онҳо афсаре ба ҷои хокистар бидиҳам,
ва равғани шодмонӣ — ба ҷои мотам,
ва ридои ҷалол — ба ҷои рӯҳи андӯҳгин;
ва онҳо дарахтони адолат номида хоҳанд шуд,
ки Худованд барои ҷалоли Худ шинондааст.
4 Ва онҳо вайронаҳои бостониро бино хоҳанд кард,
харобаҳои қадимро барпо хоҳанд намуд,
ва шаҳрҳои вайронаро, ки аз даврҳои пешина харобазор шуда мондааст,
аз нав барқарор хоҳанд кард.
5 Ва бегонаҳо ба хизмат истода, гӯсфандони шуморо хоҳанд чаронид,
ва аҷнабиён зироаткорону токдорони шумо хоҳанд буд.
6 Ва шумо коҳинони Худованд номила хоҳед шуд, —
шуморо хизматгузорони Худои мо хоҳанд хонд;
аз дороии халқҳо ғизо хоҳед гирифт,
ва аз ҷалоли онҳо ифтихор хохед дошт.
7 Дар ивази хиҷолати худ дучандон подош хоҳед гирифт,
ва дар ивази расвоӣ аз насиби худ шод хоҳанд шуд,
чунки дар замини худ насиби дучанд хоҳанд ёфт,
ва хурсандии ҷовидонӣ барои онҳо хоҳад буд.
8 Зеро Ман, ки Худованд ҳастам,
адлу инсофро дӯст медорам, аз ғоратгарӣ ва ноинсофӣ нафрат дорам,
ва мукофоти онҳоро аз рӯи ростӣ хоҳам дод,
ва аҳди ҷовидонӣ бо онҳо хоҳам баст.
9 Ва насли онҳо дар миёни халқҳо,
ва зурьёти онҳо андаруни қавмон машҳур хоҳанд шуд;
ҳар кӣ онҳоро бинад, хоҳад донист,
ки онҳо насле ҳастанд, ки Худованд баракат додааст.
10 Дар Худованд шодии бисьёр мекунам,
ва ҷони ман дар Худои ман ба ваҷд меояд,
зеро ки Ӯ маро либоси наҷот пӯшонидааст,
ва ҷомаи адолат бар дӯшам гузоштааст,
чунон ки домод афсарро мисли коҳине
бар сари худ мениҳад.
ва чунон ки арӯс худро бо зеварҳо оро медиҳад.
11 Зеро, чунон ки замин набототи худро мерӯёнад,
ва чунон ки боғ тухмҳои дар он кошташударо месабзонад,
ончунон Худованд Худо адолат ва ҷалолро
пеши ҳамаи халқҳо нумӯ хоҳад дод.
62БОБИ ШАСТУ ДУЮМ
Аз нав барпо шудани қавми Исроил.
1 Ба хотири Сион сукут нахоҳам кард,
ва ба хотири Ерусалим хомӯш нахоҳам монд,
то даме ки адолати он мисли нур тулӯъ намояд,
ва наҷоти он — мисли машъали фурӯзон.
2 Ва халқҳо адолати туро,
ва ҳамаи подшоҳон ҷалоли туро хоҳанд дид,
ва ту бо исми наве
ки даҳони Худованд онро муқаррар менамояд,
хонда хоҳӣ шуд.
3 Ва ту тоҷи шавкат дар яди Худованд хоҳӣ буд,
ва афсари подшоҳӣ дар дасти Худои худ.
4 Туро дигар «Матрук» нахоҳанд номид,
ва замини туро дигар «Вайрона» нахоҳанд гуфт,
балки туро «Дилхоҳ»
ва замини туро «Шавҳардор» хоҳанд номид,
зеро ки Худованд туро хостааст,
ва замини ту шавҳар хоҳад кард.
5 Чунон ки ҷавоне дӯшизаро ба занӣ мегирад,
ончунон писаронат туро тасарруф хоҳанд кард,
ва чунон ки домод аз арӯс шод мегардад,
ончунон Худои ту аз ту шод хоҳад шуд.
6 Бар ҳисорҳои ту, эй Ерусалим, Ман посбононро гузоштаам,
ки тамоми рӯз ва тамоми шаб, ҳамеша сукут нахоҳанд кард.
Эй онҳое ки Худовандро зикр менамоед! Сукут накунед,
7 Ва Ӯро оромӣ надиҳед, то даме ки Ерусалимро
аз нав барқарор намуда,
ҷалоли рӯи замин гардонад.
8 Худованд ба ямини Худ ва ба бозуи қавии Худ қасам хӯрдааст:
«Ғаллаи туро дигар хӯроки душманонат нахоҳам сохт,
ва аҷнабиён шароби туро, ки барояш меҳнат кардаӣ,
нахоҳанд нӯшид,
9 Балки онҳое ки онро ҷамъ мекунанд, онро хӯрда,
Худовандро мадҳ хоҳанд намуд,
ва онҳое ки онро мечинанд, онро дар саҳнҳои қудси Ман хоҳанд нӯшид».
10 Аз дарвозаҳо бигзаред, бигзаред!
Роҳи қавмро тайёр кунед!
Ҷоддаро ҳамвор кунед, ҳамвор кунед!
Аз сангҳо тоза кунед! Барои қавм ливо бардоред!
11 Инак, Худованд то ақсои замин эълон менамояд:
ба духтари Сион бигӯед: «Инак, Наҷотдиҳандаи ту меояд!
Инак, музди Ӯ бо Ӯст, ва подоши Ӯ пеши Ӯст».
12 Ва онҳоро қавми муқаддас,
растагорони Худованд хоҳанд номид,
ва ту матлуб ва шаҳри номатрук номида хоҳӣ шуд.
63БОБИ ШАСТУ СЕЮМ
Рӯзи инмиқом.
1 Ин кист, ки аз Адӯм меояд, бо либоси сурх аз Басра меояд?
Ин кист, ки дар либоси Худ пуршукӯҳ аст,
ва дар камоли қуввати Худ қадам мегузорад?
«Ман ҳастам, ки аз рӯи адолат сухан меронам
ва барои наҷот додан тавоно мебошам».
2 Чаро либоси Ту сурх аст,
ва ҷомаи Ту мисли касест, ки чархуштро поймол карда бошад?
3 «Танҳо Худам чархуштро поймол кардам,
ва аз қавмон касе бо Ман набуд,
ва Ман онҳоро дар ғазаби Худ поймол намудам,
ва дар шиддати хашми Худ онҳоро лагадкӯб сохтам,
ва хуни онҳо бар либоси Ман пошида шуд,
ва Ман тамоми ҷомаи Худро олуда кардам;
4 Зеро ки рӯзи интиқом дар дили Ман аст,
ва соли раҳо кардани Ман фаро расидааст.
5 Ва Ман нигаристам, ва мададгоре набуд,
ва тааҷҷуб намудам, ки ёваре набуд,
ва бозуи Ман Маро мададгор шуд,
ва хашми Ман Маро ёварӣ намуд.
6 Ва Ман қавмонро дар ғазаби Худ поймол намудам,
ва онҳоро аз шиддати хашми Худ маст кардам,
ва хуни онҳоро бар замин рехтам».
Тарс ва умедҳои бақияи қавм дар рӯзи инмиқом.
7 Эҳсонҳои Худованд ва ҷалоли Худовандро зикр хоҳам кард,
барои ҳар он чи Худованд ба мо ато намудааст,
ва барои лутфи зиёде ба хонадони Исроил,
ки Ӯ аз рӯи марҳамати Худ
ва аз рӯи фаровонии эҳсонҳои Худ
ба онҳо ато намудааст.
8 Ва Ӯ гуфтааст: «Ба яқин, онҳо қавми Ман ҳастанд,
писароне ки хиёнат намекунанд».
Ва Ӯ Наҷотдиҳандаи онҳо буд.
9 Дар ҳар тангии онҳо Ӯ дилсӯзӣ мекард,
ва фариштае ки дар ҳузури Ӯ буд,
онҳоро наҷот медод;
аз рӯи муҳаббати Худ ва шафқати Худ Ӯ
онҳоро раҳо мекард,
ва дар тамоми айёми қадим онҳоро мебардошт
ва баланд мекард.
10 Валекин онҳо беитоатӣ намуда,
Рӯҳулқудси Ӯро маҳзун мекарданд,
ва Ӯ душмани онҳо гашта,
ба муқобили онҳо меҷангид.
11 Ва қавми Ӯ айёми қадими Мусоро ба ёд оварданд:
куҷост Он ки онҳоро бо чӯпони рамаи Худ
аз баҳр баровард?
Куҷост Он ки Рӯҳулкудси Худро
андаруни онҳо ниҳод?
12 Он ки бозуи пуршукӯҳи Худро ба ямини Мусо равона намуда,
обҳоро пеши онҳо пора кард, то ки барои Худ
исми ҷовидонӣ пайдо кунад?
13 Он ки онҳоро дар вартаҳо
мисли аспе дар биёбон ҳидоят намуд, ва онҳо пешпо нахӯрданд?
14 Мисли чорпое ки ба водӣ фурӯд меояд,
Рӯҳи Худованд онҳоро сӯи фароғат бурд.
Ҳамин тавр Ту қавми Худро ҳидоят намудӣ,
то ки барои Худ исми пуршукӯҳе пайдо кунӣ.
15 Аз осмон назар андоз ва аз маскани муқаддас
ва пурҷалоли Худ бубин!
Рашки Ту ва тавоноии Ту куҷост?
Дилсӯзии Ту ва марҳаматҳои Ту
нисбат ба ман боздошта шудааст.
16 Ту, охир, Падари мо ҳастӣ, агарчи Иброҳим моро намедонад,
ва Исроил моро намешиносад;
Ту, эй Худованд, Падари мо,
Раҳокунандаи мо ҳастӣ, ва исми Ту аз азал чунин аст.
17 Чаро, эй Худованд, моро гузоштаӣ, ки гумроҳ
шуда, аз роҳҳои Ту бароем?
Ва дилҳои моро сахт кардаӣ, то ки аз Ту натарсем?
Ба хотири бандагони Худ, ба хотири сибтҳои мероси Худ сӯи мо ручӯъ намо!
18 Қавми муқаддаси Ту муддати каме онро тасарруф намуданд;
душманони мо қудси Туро поймол карданд.
19 Мо мисли касоне шудаем, ки Ту гӯё ҳаргиз бар онҳо ҳукмронӣ накарда бошӣ,
ва онҳо ба исми Ту номида нашуда бошанд.
64БОБИ ШАСТУ ЧОРУМ
Тарс ва умедҳои бақияи кавм. Дуо дар бораи наҷом.
1 Кошки Ту осмонро дарронда, нузул менамудӣ!
Кӯҳҳо аз ҳузури Ту гудохта мешуд,
2 Мисли он ки хасу хошок аз оташ аланга мезанад,
ва об аз оташ ба ҷӯш меояд, —
нузул намо, то ки исми Худро
ба душманони Худ машҳур созӣ,
ва халқҳо аз дидори Ту ба ларза оянд.
3 Вақте ки Ту корномаҳои аҷоибе ки мо чашми интизор надоштем, ба ҷо оварда,
нузул менамудӣ, кӯҳҳо аз ҳузури Ту гудохта мешуд.
4 Ва ҳаргиз нашнидаанд, ва гӯш накардаанд,
ва чашм Худоеро ғайр аз Ту надидааст,
ки барои умедворонаш чунин амал карда бошад.
5 Ту бо онҳое ки шодмонанд, ва адолатро ба амал меоваранд,
ва дар роҳҳои Ту Туро зикр менамоянд,
бо хушӣ мулоқот мекунӣ;
лекин Ту ба ғазаб омадаӣ, чунки мо гуноҳ кардаем,
ва муддати зиёде дар он ғӯтидаем, —
ва оё метавонем наҷот ёбем?
6 Ва ҳамаамон мисли палиде гардидаем,
ва тамоми адолати мо мисли либоси чиркин аст;
ва ҳамаамон мисли барг пажмурда шудаем,
ва гуноҳҳоямон мисли боде моро бардошта мебарад.
7 Ва касе нест, ки исми Туро бихонад,
ва бедор шуда, Туро пайравӣ намояд,
зеро ки Ту рӯи Худро аз мо пинҳон кардаӣ,
ва моро гузоштаӣ, ки аз гуноҳҳои худ нобуд шавем.
8 Ва акнун, эй Худованд, Ту Падари мо ҳастӣ;
мо гил ҳастем, ва Ту — кӯзагари мо,
ва ҳамаамон амали дастҳои Ту мебошем.
9 Худовандо! Бениҳоят дар ғазаб нашав,
ва гуноҳро то абад дар хотир нигоҳ надор;
лутфан назар андоз, ки ҳамаамон қавми Ту ҳастем.
10 Шаҳрҳои муқаддаси Ту биёбон шудааст;
Сион биёбон,
ва Ерусалим харобазор гардидааст.
11 Хонаи қудси мо ва ҷалоли мо,
ки падарони мо дар он Туро ҳамду сано мехонданд,
тӯъмаи оташ гардидааст,
ва ҳар он чи барои мо азиз буд, харобазор шудааст.
12 Оё баъд аз ҳамаи ин, эй Худованд, боз худдорӣ менамоӣ?
Ва хомӯш монда, моро бениҳоят хорузор мекунӣ?
65БОБИ ШАСТУ ПАНҶУМ
Ҷавоби Худованд ба дуо.
1 Ман барои онҳое ки Маро намепурсиданд, муҳайё будам;
барои онҳое ки Маро намеҷустанд, ёфт мешудам;
ба қавме ки намехостанд ба исми Ман номида шаванд,
мегуфтам: «Инак Ман ҳозирам, инак Ман ҳозирам!»
2 Тамоми рӯз Ман дастҳои Худро сӯи қавми саркаше дароз мекардам,
ки аз паи фикрҳои худ бо роҳи нодуруст мерафтанд,
3 Сӯи қавме ки Маро доимо рӯйрост ба ғазаб меоваранд,
дар боғҳо қурбонӣ мекунанд, ва бар хиштҳо бухур месӯзонанд,
4 Дар миёни қабрҳо менишинанд, ва дар мағораҳо
шаб мегузаронанд;
гӯшти хук мехӯранд,
ва хӯриши зиште дар зарфҳои онҳост;
5 Ва мегӯянд: «Дар ҷои худ биист, ба ман наздик нашав,
зеро ки ман аз ту муқаддастарам!»
Инҳо дуде дар бинии Ман мебошанд,
ва оташе ки тамоми рӯз фурӯзон аст.
6 Инак пеши Ман навишта шудааст:
«Хомӯш нахоҳам монд, то даме ки сазое бидиҳам, —
ва сазои онҳоро хоҳам дод
7 Барои гуноҳҳои шумо ва гуноҳҳои падарони шумо бо якҷоягӣ, — мегӯяд Худованд, —
ки онҳо бар кӯҳҳо бухур месӯзониданд,
ва бар теппаҳо Маро хорӣ медоданд;
ва Ман подоши онҳоро аввал андоза карда,
ба онҳо хоҳам расонид».
8 Худованд чунин мегӯяд: «Чунон ки ширае дар хӯшаи ангур ёфт мешавад,
ва мегӯянд: „Онро нобуд накун, зеро ки баракат
дар он аст“ —
ончунон Ман ба хотири бандагони Худ
амал хоҳам кард,
то ки ҳамаашонро нобуд насозам.
9 Ва насле аз Яъқуб, ва ворисе аз Яҳудо
барои кӯҳҳои Худ ба вуҷуд хоҳам овард,
ва баргузидагони Ман онро мерос хоҳанд гирифт,
ва бандагони Ман дар он ҷо сокин хоҳанд шуд.
10 Ва Шорӯн чарогоҳи гӯсфандон,
ва водии Охӯр макони фароғати говон барои қавми Ман, ки Маро талабидаанд, хоҳад шуд.
11 Валекин шумо, ки Худовандро тарк карда,
кӯҳи муқаддаси Маро аз хотир баровардаед,
барои Ҷод+ 65:11 Ҷод — бути бахт (мувофиқи ақидаи баъзе қабилаҳои қадим). суфра ороста менамоед,
ва барои Манот+ 65:11 Манот — бути тақдир (ҳамчунин). косаҳоро аз машруботи дорувордор пур мекунед, —
12 Шуморо Ман ба дами шамшер хоҳам супурд, ва ҳамаатон барои куштор зону хоҳед зад,
чунки Ман даъват намудам, шумо ҷавоб надодед,
Ман сухан рондам, шумо нашнидед,
балки он чи дар назари Ман бад буд, ба амал овардед,
ва он чи Ман нахостам, ихтиёр кардед».
13 Бинобар ин Худованд Худо чунин мегӯяд: «Инак,
бандагони Ман хоҳанд хӯрд,
вале шумо гурусна хоҳед монд;
инак, бандагони Ман хоҳанд нӯшид,
вале шумо ташна хоҳед монд;
инак, бандагони Ман шодӣ хоҳанд кард,
вале шумо хиҷил хоҳед шуд;
14 Инак, бандагони Ман аз хушии дил тараннум хоҳанд намуд,
вале шумо аз дарди дил фарьёд хоҳед зад,
ва аз шикастагии рӯҳ вовайло хоҳед кард.
15 Ва номи худро дар миёни баргузидагони Ман барои лаънат боқӣ хоҳед гузошт;
ва Худованд Худо туро ба қатл хоҳад расонид,
ва бандагони Худро ба исми дигар хоҳад номид.
16 Пас, ҳар кӣ бар замин фотиҳа диҳад,
ба Худои ҳақ фотиҳа хоҳад дод,
ва ҳар кӣ бар замин қасам хӯрад,
ба Худои ҳақ қасам хоҳад хӯрд,
зеро ки андӯҳҳои пештара фаромӯш гардида,
аз чашмони Ман пинҳон шудааст.
Бараками абадӣ ба Исроил дар замини нав.
17 Зеро, инак Ман осмони нав ва замини нав меофарам,
ва чизҳои пештара ба хотир нахоҳад расид,
ва ба дил нахоҳад омад;
18 Балки аз он чи Ман меофарам, шодӣ кунед ва то абад ба ваҷд оед:
зеро, инак Ман Ерусалимро ҳамчун манбаи ваҷд,
ва қавми онро ҳамчун манбаи шодӣ меофарам.
19 Ва аз Ерусалим ба ваҷд хоҳам омад, ва аз қавми Худ шодӣ хоҳам кард;
ва дар он дигар овози гирья
ва овози фиғон шунида нахоҳад шуд.
20 Дар он ҷо дигар хурдсоле ва пире нахоҳад буд,
ки ба пурии рӯзҳои худ нарасида бошад,
зеро касе ки дар синни садсолагӣ бимирад,
ҷавон ҳисоб меёбад,
ва агар гуноҳкор дар синни садсолагӣ бимирад,
ба лаънат дучор мешавад.
21 Ва хонаҳо бино карда, дар онҳо сокин хоҳанд шуд,
ва токҳо шинонда, меваи онҳоро хоҳанд хӯрд.
22 Онҳо бино нахоҳанд кард барои он ки дигарон сокин шаванд;
онҳо нахоҳанд шинонд барои он ки дигарон бихӯранд;
зеро ки рӯзҳои қавми Ман мисли рӯзҳои дарахт хоҳад буд,
ва баргузидагони Ман аз амали дастҳои худ
то ба охир истифода хоҳанд бурд.
23 Бар абас онҳо меҳнат нахоҳанд кард,
ва барои изтироб нахоҳанд зоид,
зеро ки онҳо, ва зурьёташон бо онҳо,
насли мубораки Худованд мебошанд.
24 Ва воқеъ хоҳад шуд, ки пеш аз он ки онҳо бихонанд, Ман ҷавоб хоҳам дод, ва пеш аз он ки онҳо сухане гӯянд, Ман хоҳам шунид.
25 Гург ва барра бо ҳам хоҳанд чарид, ва шер мисли гов коҳ хоҳад хӯрд, ва ғизои мор хок хоҳад буд; онҳо дар тамоми кӯҳи муқаддаси Ман бадӣ нахоҳанд кард ва осебе нахоҳанд расонид», — мегӯяд Худованд.
66БОБИ ШАСТУ ШАШУМ
Давоми сухан дар бораи баракам.
1 Худиванд чунин мегӯяд:
«Осмон курсии Ман аст, ва замин — қадамгоҳи Ман;
чӣ гуна хонае барои Ман бино хоҳед кард,
ва чӣ гуна маконе барои оромиши Ман?
2 Ва ҳамаи ин чизҳоро дасти Ман офаридааст,
ва ҳамаи онҳо ба вуҷуд омадааст, — мегӯяд Худованд. —
Ва Ман бар инҳо назар хоҳам кард:
бар мискин ва шикастарӯҳ, ва бар касе ки
пеши каломи Ман ба ларза меояд.
3 Касе ки гове мекушад, мисли одамкуш аст;
касе ки баррае забҳ менамояд, мисли касест,
ки гардани сагро шикаста бошад;
касе ки ҳадияи ордӣ меоварад, мисли касест,
ки хуни хукро оварда бошад;
касе ки лебӯно месӯзонад, мисли касест,
ки пеши буте дуо гуфта бошад;
чунон ки онҳо роҳҳои худро ихтиёр кардаанд,
ва ҷонашон корҳои зишташонро хостааст,
4 Ончунон Ман азиятҳои онҳоро ихтиёр хоҳам кард,
ва бимҳои онҳоро бар сарашон хоҳам овард,
зеро ки Ман даъват намудам, касе ҷавоб надод,
Ман сухан рондам, онҳо нашниданд,
балки он чи дар назари Ман бад буд, ба амал оварданд,
ва он чи Ман нахостам, ихтиёр карданд».
5 Каломи Худовандро бишнавед, эй онҳое ки пеши каломи Ӯ меларзед!
«Бародарони шумо, ки аз шумо нафрат доранд,
ва шуморо ба хотири исми Ман рад кардаанд,
мегӯянд: „Бигзор Худованд ҷалоли Худро
зоҳир намояд, ва мо шодмонии шуморо бинем“.
Вале онҳо хиҷил хоҳанд шуд.
6 Овози ғулғула аз шаҳр, овозе аз маъбад меояд:
овози Худованд аст, ки душманони Худро сазо медиҳад.
7 Пеш аз он ки дарди зоиш бикашад, зоидааст;
пеш аз он ки дард варо фаро гирад,
писаре ба дуньё овардааст.
8 Кист, ки чизеро мисли ин шунида бошад? Кист, ки чизҳоеро мисли ин дида бошад?
Оё мамлакате дар як рӯз таваллуд меёбад?
Оё халқе якбора зоида мешавад?
Зеро ки Сион, дарди зоишро ҳис кардан замон,
писарони худро зоидааст.
9 Оё Ман ба дами зоиш мерасонаму намезоёнам?
— мегӯяд Худованд. —
Оё Ман, ки Волид ҳастам, аз зоидан бозмедорам? —
мегӯяд Худои ту.
10 Бо Ерусалим дилхушӣ кунед ва аз он ба ваҷд оед,
эй ҳамаи онҳое ки онро дӯст медоред!
Бо якҷоягии он шодии бисьёр кунед, эй ҳамаи онҳое ки барояш мотам доштед,
11 То ки аз синаи тасаллиҳои он ғизо гиред ва сер шавед;
то ки аз пистони ҷалоли он бимакед ва лаззат гиред».
12 Зеро ки Худованд чунин мегӯяд: «Инак, Ман осоиштагиро мисли наҳр,
ва ҷалоли халқҳоро мисли селоби саршор сӯи он равона мекунам, ва шумо ғизо хоҳед гирифт;
дар канор гирифта хоҳед шуд, ва бар зонуҳо навозиш хоҳед ёфт.
13 Чунон ки инсонро модараш тасаллӣ медиҳад,
ончунон Ман шуморо тасаллӣ хоҳам дод,
ва шумо дар Ерусалим тасаллӣ хоҳед ёфт».
14 Ва инро хоҳед дид, ва дили шумо шод хоҳад шуд,
ва устухонҳои шумо мисли алаф сабз хоҳад шуд;
ва дасти Худованд бар бандагони Ӯ зоҳир хоҳад гардид,
ва Ӯ бар душманони Худ ғазаб хоҳад кард.
15 Зеро, инак, Худованд дар оташ хоҳад омад,
ва аробаҳои Ӯ мисли тундбод хоҳад буд,
то ки бо шиддати хашми Худ подош диҳад,
ва итоби Худро бо шӯълаҳои оташ бишнавонад.
16 Зеро ки Худованд бо оташ ва шамшери Худ
бар тамоми башар доварӣ хоҳад кард,
ва мақтулони Худованд бисьёр хоҳанд буд.
17 «Онҳое ки аз қафои як нафар, ки дар миёна бошад,
ба боғот рафта,
худро тақдис ва татҳир мекунанд,
ва гӯшти хук ва ҳайвонҳои наҷис ва муш мехӯранд,
якҷоя талаф хоҳанд шуд, — мегӯяд Худованд.
18 Ва Ман, ки аз аъмол ва фикрҳои онҳо воқиф ҳастам, хоҳам омад, то ки ҳамаи халқҳо ва забонҳоро фароҳам оварам, ва онҳо омада, ҷалоли Маро хоҳанд дид.
19 Ва Ман дар миёни онҳо аломате ба амал хоҳам овард, ва онҳоеро, ки аз байнашон растагор шуда бошанд, сӯи халқҳо: ба Таршиш, ба Фул ва Луд, ки камонгир ҳастанд, ба Тубол ва Юнон, ба ҷизираҳои дурдаст, ки овозаи Маро нашнидаанд ва ҷалоли Маро надидаанд, хоҳам фиристод, ва онҳо ҷалоли Маро дар миёни халқҳо хабар хоҳанд дод.
20 Ва ҳамаи бародарони шуморо аз ҷониби ҳамаи халқҳо бар аспон ва аробаҳо ва тахтҳои равон, ва бар хачирон ва шутурони бидав ба кӯҳи муқаддаси Ман — Ерусалим — барои Худованд ҳадия хоҳанд овард, — мегӯяд Худованд, — мисли он ки банӣ‐Исроил ҳадияро ба хонаи Худованд дар зарфи пок меоваранд.
21 Ва аз онҳо низ ба вазифаи коҳинон ва левизодагон хоҳам гирифт, — мегӯяд Худованд.
22 Зеро, чунон ки осмони нав ва замини наве ки Ман меофарам,
дар хузури Ман поянда хоҳад монд, — мегӯяд Худованд, —
ончунон насли шумо ва номи шумо поянда хоҳад буд.
23 Ва воқеъ хоҳад шуд, ки дар ҳар навмоҳ
ва дар ҳар шанбе ҳар башар хоҳад омад,
то ки ба ҳузури Ман саҷда кунад, — мегӯяд Худованд.
24 Ва чун берун оянд, ҷасадҳои мардуми
ба Ман осишударо хоҳанд дид:
зеро кирми онҳо намемирад,
ва оташи онҳо хомӯш намешавад,
ва онҳо барои ҳар башар зишт хоҳанд буд».