КИТОБИ
ҲУШАИ НАБӢ
1БОБИ ЯКУМ
Маъсияти Исроил ва ҷазои вай.
1 Каломи Худованд, ки дар айёми Узиё, Ютом, Оҳоз ва Ҳизқиё, подшоҳони Яҳудо, ва дар айёми Ёробъом ибни Юош, подшоҳи Исроил, бар Ҳушаъ ибни Баэрӣ нозил шуд.
Никоҳи рамзӣ; таваллуд ёфтани Изреъил.
2 Ибтидои каломи Худованд ба Ҳушаъ. Ва Худованд ба Ҳушаъ гуфт: «Бирав, зани зинокор ва фарзандони зиноро барои худ бигир; зеро ки ин замин дар ҳаққи Худованд хиёнат намуда, бениҳоят саргарми зино шудааст».
3 Ва ӯ рафта, духтари Диблоим — Ҷумарро гирифт, ки вай ҳомила шуда, писаре барои ӯ зоид.
4 Ва Худованд ба ӯ гуфт: «Насли ӯро Изреъил бихон, зеро ки пас аз муддати каме Ман интиқоми хуни Изреъилро аз хонадони Еҳу хоҳам гирифт ва ба подшоҳии хонадони Исроил хотима хоҳам дод;
5 Ва дар он рӯз чунин воқеъ хоҳад шуд, ки Ман камони Исроилро дар водии Изреъил хоҳам шикаст».
6 Ва боз вай ҳомила шуда, духтаре зоид, ва Худованд гуфт: «Номи варо Лӯ‐Руҳома+ 1:6 Лӯ‐Руҳома — Марҳаматнопазир. бихон, зеро ки Ман бар хонадони Исроил дигар марҳамат нахоҳам кард ва онҳоро нахоҳам омурзид;
7 Валекин бар хонадони Яҳудо марҳамат хоҳам кард, ва онҳоро бо қудрати Худованд Худои онҳо наҷот хоҳам дод, ва онҳоро ба воситаи камон ва шамшер ва корзор ва аспон ва саворон наҷот нахоҳам дод».
8 Ва ҳангоме ки вай Лӯ‐Руҳомаро аз сина ҷудо кард, ҳомила шуда, писаре зоид.
9 Ва Ӯ гуфт: «Номи ӯро Лӯ‐Аммӣ+ 1:9 Лӯ‐Аммӣ — На‐Қавми‐Ман. бихон, зеро ки шумо қавми Ман нестед, ва Ман барои шумо нахоҳам буд.
10 Вале шумораи банӣ‐Исроил
мисли реги дарьё хоҳад буд,
ки онро на чен кардан мумкин аст ва на шумурдан;
ва чунин воқеъ хоҳад шуд,
ки ба ҷои он ки ба онҳо гуфта мешуд:
„Шумо қавми Ман нестед“,
ба онҳо гуфта хоҳад шуд:
„Писарони Худои Ҳай ҳастед“.
11 Ва банӣ‐Яҳудо ва банӣ‐Исроил бо ҳам ҷамъ хоҳанд шуд,
ва як сардорро барои худ таъин намуда,
аз он замин хоҳанд баромад;
зеро ки рӯзи Изреъил бузург аст.
2БОБИ ДУЮМ
Таҷдиди ояндаи Исроил ва баракат ёфтани вай.
Исроил барои зинокориҳои худ ҷазо ёфт.
1 Ба бародарони худ бигӯед: „Аммӣ“+ 2:1 Аммӣ — Қавми‐Ман.,
ва ба хоҳарони худ: „Руҳома“+ 2:1 Руҳома — Марҳаматпазир..
2 Бо модари худ муҷодила кунед, муҷодила, зеро ки вай зани Ман нест, ва Ман шавҳари вай нестам,
ва бигзор вай зинои худро аз чеҳрааш
ва фаҳши худро аз миёни пистонҳояш нест кунад,
3 Мабодо либосашро кашида, луб‐луч намоям, ва мисли он ки дар рӯзи таваллудаш буд, гардонам,
ва монанди биёбоне варо валангор созам,
ва ба замини хушкидае варо табдил диҳам,
ва аз ташнагӣ варо бикушам.
4 Ва бар фарзандони вай марҳамат нахоҳам кард, зеро ки онҳо фарзандони зино мебошанд,
5 Зеро ки модари онҳо саргарми зино шудааст,
онҳоро ҳомила гардида, худро расво кардааст,
чунки гуфтааст: „Аз паи хушдоронам,
ки нон ва об, пашм ва катон,
равған ва машрубот ба ман медиҳанд, хоҳам рафт“.
6 Бинобар ин Ман роҳи туро бо хорҳо хоҳам баст,
ва таворае пеши вай барпо хоҳам кард,
ва ҷоддаҳои худро вай нахоҳад ёфт.
7 Ва ҳарчанд вай аз паи хушдорони худ афтад, ба онҳо нахоҳад расид,
ва ҳарчанд онҳоро ҷустуҷӯ намояд, нахоҳад ёфт,
ва хоҳад гуфт: „Рафта, назди шавҳари якуми худ бармегардам,
зеро ки дар он вақт, назар ба ҳозира, барои ман беҳтар буд“.
8 Валекин вай намедонист, ки Ман будам,
ки ғалла ва шароб ва равғанро ба вай медодам,
ва нуқра ва тиллоро барои вай афзун мекардам,
ки Баалро аз он месохтанд.
9 Бинобар ин Ман ғаллаи Худро дар вақташ
ва шароби худро дар мавсимаш гашта хоҳам гирифт,
ва пашм ва катони Худро,
ки урьёнии вай бо он пӯшонида шудааст,
кашида хоҳам гирифт.
10 Ва алҳол аврати варо пеши
чашми хушдоронаш ошкор хоҳам сохт,
ва касе варо аз дасти Ман раҳо нахоҳад кард.
11 Ва ба тамоми хурсандии вай:
ба идҳо, навмоҳҳо, шанбеҳо
ва ҳамаи мавсимҳои вай хотима хоҳам дод.
12 Ва токҳо ва дарахтони анҷири варо,
ки гуфта буд: „Инҳо музди ман аст,
ки хушдоронам ба ман додаанд“,
валангор хоҳам кард,
ва онҳоро ба ҷангал табдил хоҳам дод,
ва ҳайвоноти саҳро онҳоро хоҳанд хӯрд.
13 Ва аз боиси айёми Баалҳо варо ҷазо хоҳам дод,
ки он вақт вай барояшон бухур месӯзонид,
ва худро бо ҳалқаҳои гӯшу бинӣ
ва бо гарданбандҳо оро медод,
ва аз паи хушдоронаш мерафт, вале Маро
фаромӯш карда буд, мегӯяд Худованд.
Исроил, — зани зинокор, — ислоҳ хоҳад шуд.
14 Бинобар ин, инак Ман варо мафтун намуда, ба биёбон хоҳам овард,
ва суханони дилпазир ба вай хоҳам гуфт.
15 Ва токҳои варо аз он ҷо ба вай хоҳам дод,
ва водии Охӯрро+ 2:15 Охӯр — андӯҳ. дарвозаи умед хоҳам гардонид;
ва дар он ҷо вай, чун дар айёми ҷавониаш
ва чун дар рӯзи баромаданаш аз замини Миср, суруд хоҳад хонд.
16 Ва дар он рӯз чунин воқеъ хоҳад шуд, мегӯяд Худованд,
ки ту Маро хоҳӣ хонд: „Ишӣ“+ 2:16 Ишӣ — шавҳари ман.,
ва дигар Маро нахоҳӣ хонд: „Баалӣ“+ 2:16 Баалӣ — оғои ман..
17 Ва номҳои Баалҳоро аз даҳони вай дур хоҳам кард,
ва онҳо дигар бо номҳои худ зикр нахоҳанд ёфт.
18 Ва дар он рӯз Ман барои онҳо+ 2:18 Банӣ‐Исроил дар назар дошта шудаанд. бо ҳайвоноти саҳро
ва мурғони ҳаво
ва ҳашароти замин аҳд хоҳам баст,
ва камон ва шамшер ва корзорро аз замин барҳам хоҳам дод,
ва онҳоро дар амният хоҳам хобонид.
19 Ва туро то абад номзади Худ хоҳам гардонид,
ва туро бо адолат ва инсоф
ва эҳсон ва марҳамат номзади Худ хоҳам гардонид;
20 Ва туро бо садоқат номзади Худ хоҳам гардонид,
ва ту Худовандро хоҳӣ шинохт.
21 Ва дар он рӯз чунин воқеъ хоҳад шуд, ки Ман иҷобат хоҳам намуд, мегӯяд Худованд,
Ман осмонро иҷобат хоҳам намуд, ва он заминро иҷобат хоҳад намуд,
22 Ва замин ғалла ва шароб ва равғанро иҷобат хоҳад намуд,
ва онҳо Изреъилро иҷобат хоҳанд намуд.
23 Ва барои Худам варо дар замин зироат хоҳам кард,
ва бар Лӯ‐Руҳома марҳамат хоҳам намуд,
ва ба Лӯ‐Аммӣ хоҳам гуфт:
„Ту қавми Ман ҳастӣ“,
ва ӯ хоҳад гуфт: „Ту Худои ман ҳастӣ“».
3БОБИ СЕЮМ
Муҳаббати беинтиҳои Худо шароратро мағлуб хоҳад кард.
1 Ва Худованд ба ман гуфт: «Бори дигар рафта, занеро, ки маҳбубаи ёрест ва зинокорӣ мекунад, дӯст бидор, мисли он ки Худованд банӣ‐Исроилро дӯст медорад, ва ҳол он ки онҳо ба худоёни дигар рӯ меоваранд ва кулчаҳои мавизиро дӯст медоранд».
2 Ва ман варо ба понздаҳ сиқл нуқра ва як ҳӯмер ҷав ва як летех+ 3:2 Летех — андозаи вазни ғалладона, ки ба нисфи ҳӯмер ё кӯр, яъне ба дусад литр баробар буд. ҷав барои худ харидам.
3 Ва ба вай гуфтам: «Рӯзҳои бисьёр маро интизор шав, зино накун ва аз они марди дигар набош, ва ман низ барои ту хоҳам буд».
4 Зеро ки банӣ‐Исроил айёми зиёде бе подшоҳ ва бе сарвар, ва бе қурбонӣ ва бе сутуни назди қурбонгоҳ, ва бе эфӯд+ 3:4 Эфӯд — пӯшоки саркоҳин. ва трофим+ 3:4 Трофим — бутҳои қадимӣ, ки парастишкунандагонашон ба онҳо савол дода, ояндаро мепурсиданд. хоҳанд буд.
5 Баъд аз он банӣ‐Исроил тавба намуда, Худованд Худои худ ва Довуд подшоҳи худро ҷустуҷӯ хоҳанд кард, ва дар айёми онир бо тарс сӯи Худованд ва эҳсони Ӯ хоҳанд шитофт.
4БОБИ ЧОРУМ
Фош кардани гуноҳҳои Исроил.
1 Каломи Худовандро бишнавед, эй банӣ‐Исроил!
Зеро ки Худованд бо сокинони ин замин муҷодила дорад,
чунки на ростӣ ҳаст, ва на марҳамат,
ва на шинохтани Худо бар ин замин.
2 Қасам хӯрдан ва қасамро шикастан, ва қатл ва дуздӣ ва зино кардан бағоят паҳн шудааст, ва ҷараёни хун бо ҷараёни хун мепайвандад.
3 Бинобар ин замин мотам мегирад,
ва ҳар сокини он, бо ҳайвоноти саҳро
ва мурғони ҳаво, бемаҷол мегардад,
ва моҳиёни баҳр низ нобуд мешаванд.
4 Аммо бигзор ҳеҷ кас муҷодила нанамояд, ва ҳеҷ кас мазаммат накунад;
зеро ки қавми ту мисли касоне мебошанд, ки бо коҳин муҷодила доранд.
5 Ва ту рӯзона пешпо хоҳӣ хӯрд,
ва набӣ низ бо ту шабона пешпо хоҳад хӯрд,
ва Ман модари туро нобуд хоҳам кард.
6 Қавми Ман аз камии дониш нобуд шудаанд; азбаски ту аз дониш нафрат кардӣ,
Ман низ аз ту нафрат кардам, то ки дигар барои Ман каҳонат нанамоӣ;
ва азбаски ту шариати Худои худро фаромӯш кардӣ,
Ман низ писарони туро фаромӯш хоҳам кард.
7 Ҳар қадар онҳо сершумор гардиданд, ҳамон қадар бештар пеши Ман гуноҳ карданд;
пас ҷалоли онҳоро ба нанг табдил хоҳам дод.
8 Гуноҳи қавми Ман ризқу рӯзии онҳост,
ва ҷонашон ба маъсияти онҳо иштиёқманд аст.
9 Ва қисмати коҳин мисли қавм хоҳад буд;
ва ӯро мувофиқи роҳҳояш ҷазо хоҳам дод,
ва подоши онҳоро бар тибқи аъмолашон хоҳам баргардонид.
10 Ва хоҳанд хӯрд, вале сер нахоҳанд шуд;
зино хоҳанд кард, вале афзун нахоҳанд гардид,
зеро ки риояи аҳди Худовандро тарк кардаанд.
11 Зино ва шароб ва машрубот дилҳоро рабудааст.
Бутпарастии Исроил.
12 Қавми Ман ба дарахти худ савол медиҳанд, ва асояшон ба онҳо ҷавоб мегардонад,
зеро ки рӯҳи зинокорӣ онҳоро дар иштибоҳ андохтааст,
ва онҳо дар ҳаққи Худои худ хиёнат кардаанд.
13 Бар қуллаҳои кӯҳҳо онҳо қурбонӣ мекунанд, ва бар талҳо, зери дарахтони булут ва сафедор ва писта,
ки сояи хуб дорад, бухур месӯзонанд;
бинобар ин духтарони шумо зино мекунанд,
ва келинҳои шумо саргарми фаҳш мешаванд.
14 Ман духтарони шуморо, ки зино мекунанд, ва келинҳои шуморо, ки саргарми фаҳш мешаванд, ҷазо нахоҳам дод,
зеро ки худи мардҳои онҳо бо фоҳишаҳо хилват мегузинанд,
ва бо зинокорон қурбонӣ мекунанд,
ва қавми нофаҳм гумроҳ мешаванд.
15 Агар ту, эй Исроил, зино мекунӣ,
бигзор Яҳудо гуноҳкор нашавад;
ва шумо ба Ҷилҷол наравед,
ва ба Байт‐Овин набароед,
ва ба ҳаёти Худованд қасам ёд накунед.
16 Зеро ки Исроил мисли гови саркаш қиём намудааст;
оё ҳоло Худованд онҳоро
мисли гӯсфанде дар чарогоҳи васеъ хоҳад чаронид?
17 Эфроим ба бутҳо часпидааст;
ӯро ба ҳоли худ вогузор!
18 Вақте ки шаробнӯшии онҳо ба анҷом расад,
онҳо саргарми зино мешаванд;
сарварони онҳо расвоиро бисьёр дӯст медоранд.
19 Бод онҳоро бо болҳояш фаро хоҳад гирифт,
ва онҳо аз қурбониҳои худ хиҷил хоҳанд шуд.
5БОБИ ПАНҶУМ
Худованд таҳдид менамояд, ки ғазаби Худро бар ҳар ду мамлакат фурӯ резад.
1 Инро бишнавед, эй коҳинон,
ва диққат диҳед, эй хонадони Исроил,
ва гӯш андозед, эй хонадони подшоҳ,
зеро ки доварӣ бар шумост,
чунки шумо доме барои Мисфо будед,
ва тӯре ки бар Тобӯр паҳн карда шуда буд.
2 Ва гумроҳон чоҳро чуқур канданд,
вале Ман ҳамаашонро ҷазо хоҳам дод.
3 Ман Эфроимро мешиносам, ва Исроил аз Ман ниҳон нест;
зеро ки ҳоло ту, эй Эфроим, саргарми зино шудаӣ,
ва Исроил палид гардидааст.
4 Кирдорҳошон намегузорад,
ки онҳо сӯи Худои худ руҷӯъ намоянд,
зеро ки рӯҳи зинокорӣ андаруни онҳост,
ва онҳо Худовандро намешиносанд.
5 Ва ифтихори Исроил пеши назари Ӯ сарпаст шудааст,
ва Исроил ва Эфроим дар гуноҳи худ пешпо мехӯранд,
Яҳудо низ бо онҳо пешпо хоҳад хӯрд.
6 Бо гӯсфандон ва говони худ
ба ҷустуҷӯи Худованд хоҳанд омад, вале Ӯро нахоҳанд ёфт:
Ӯ аз онҳо дур шудааст.
7 Онҳо дар ҳаққи Худованд хиёнат кардаанд, чунки фарзандони бегона ба дуньё овардаанд; алҳол онҳоро бо молу мулкашон дар зарфи як моҳ фурӯ хоҳад бурд.
8 Дар Ҷабъа шох навозед, дар Ромо — карнай;
дар Байт‐Овин бонг занед:
«Дар ақиби туст, эй Биньёмин!»
9 Эфроим дар рӯзи ҷазо валангор хоҳад шуд; дар миёни сибтҳои Исроил Ман ба таври яқин эълон намудам.
10 Сарварони Исроил монанди дуркунандагони ҳудуд мебошанд:
ғазаби Худро бар онҳо мисли об фурӯ хоҳам рехт.
11 Эфроим мазлум гардида, дар доварӣ шикаст хӯрдааст,
зеро хост, ки амри беҳударо пайравӣ намояд.
12 Ва Ман мисли куя барои Эфроим
ва мисли фасод барои хонадони Яҳудо шудаам.
13 Ва Эфроим бемории худро,
ва Яҳудо ҷароҳати худро дид,
ва Эфроим назди Ашшур рафт,
ва назди подшоҳ Ёриб+ 5:13 Подшоҳ Ёриб — подшоҳи Ашшур дар назар дошта шудааст. кас фиристод,
вале вай наметавонад шуморо шифо диҳад,
ва ҷароҳати шуморо муолиҷа намояд.
14 Зеро ки Ман мисли шер барои Эфроим
ва мисли шербача барои хонадони Яҳудо хоҳам буд;
Ман, Ман медарам ва меравам,
бардошта мебарам, ва халоскунандае нахоҳад буд.
15 Ман рафта, ба макони Худ бармегардам,
то даме ки онҳо ба гуноҳи худ иқрор шаванд, ва толиби рӯи Ман гарданд;
дар тангии худ онҳо бо зудӣ ба Ман рӯ хоҳанд овард.
6БОБИ ШАШУМ
Ғазаби Худо ба тавба кардан водор менамояд.
1 «Биёед, сӯи Худованд руҷӯъ намоем,
зеро ки Ӯ даридааст, ва моро шифо хоҳад бахшид,
Ӯ зарба задааст, ва моро ҷароҳатбандӣ хоҳад кард;
2 Баъд аз ду рӯз моро зинда хоҳад кард;
дар рӯзи сеюм моро ба по хоҳад бархезонид,
ва мо дар ҳузури Ӯ зиндагӣ хоҳем кард;
3 Ва Худовандро хоҳем шинохт ва барои шинохтани Ӯ ҷидду ҷаҳд хоҳем кард;
зуҳури Ӯ мисли шафақи субҳ аст,
ва Ӯ назди мо мисли борон, мисли борони охири баҳор,
ки заминро сероб мекунад, хоҳад омад».
4 Бо ту чӣ кунам, эй Эфроим?
Бо ту чӣ кунам, эй Яҳудо?
Тақвои шумо, охир, мисли абри субҳ
ва мисли шабнамест, ки бо зудӣ ғоиб мешавад.
5 Бинобар ин Ман онҳоро ба воситаи анбиё зарба задам,
бо суханони даҳони Худ онҳоро куштам,
ва доварӣ дар ҳаққи ту мисли нур равшан хоҳад шуд.
6 Зеро ки Ман марҳаматро хоҳон ҳастам ва на забҳро,
ва шинохтани Худоро бештар аз қурбониҳои сӯхтанӣ.
7 Валекин онҳо, мисли Одам, аҳдро шикастанд: дар он ҷо ба Ман хиёнат карданд.
8 Ҷилъод, шаҳри бадкирдорон,
хунолуд аст.
9 Ва чунон ки дастаи роҳзанон дар сари роҳи касе камин мегирад,
ончунон гурӯҳи коҳинон дар роҳи Шакем одамкушӣ мекунанд,
зеро ки қасди бади худро ба амал меоваранд.
10 Дар хонадони Исроил Ман корҳои зиштро дидаам;
дар он ҷо Эфроим саргарми зино шудааст, Исроил палид гардидааст.
11 Барои ту низ, эй Яҳудо, дарав насиб шудааст, ҳангоме ки Ман асирони қавми Худро баргардонам.
7БОБИ ҲАФТУМ
Худованд ба Исроил эълон менамояд,
ки варо ҷазо дар пеш аст.
1 Чун Исроилро шифо доданӣ шавам,
гуноҳи Эфроим ва бадкориҳои Сомария ошкор хоҳад гардид,
зеро ки рафторашон козибона аст;
ва дуздон медароянд,
ва дастаи роҳзанон дар берун ҳуҷум мекунанд.
2 Ва дар дили худ намегӯянд,
ки Ман тамоми шарорати онҳоро дар хотир нигоҳ доштаам;
алҳол корҳои бадашон онҳоро иҳота намудааст, онҳо ба ҳузури Ман ошкор аст.
3 Бо шарорати худ онҳо подшоҳро,
ва бо суханони козибонаи худ сарваронро хурсанд мекунанд.
4 Ҳамаи онҳо саргарми зино мебошанд,
мисли танӯре ки нонпаз онро оташ медиҳад,
ва аз вақти хамир кардан
то вақти расидани он аз оташ додан бозмеистад.
5 Дар «рӯзи подшоҳи мо» сарварон аз гармии шароб бемор шуданд,
ва ӯ дасти худро ба ин масхарабозон дароз кард.
6 Зеро ки онҳо дар камингарии худ дили
худро монанди танӯр мегардонанд:
тамоми шаб нонпазашон мехобад,
бомдодон вай мисли оташи аланганок дармегирад.
7 Ҳамаи онҳо мисли танӯр тафсида,
доварони худро фурӯ мебаранд;
ҳамаи подшоҳони онҳо фурӯ меғалтанд,
ва дар миёни онҳо касе нест, ки Маро бихонад.
8 Эфроим бо қавмҳо аралаш шуда рафтааст;
Эфроим ноне гардидааст, ки рӯи дигараш ба оташ баргардонида нашудааст.
9 Бегонаҳо қуввати ӯро хӯрдаанд, ва ӯ намедонад;
мӯйсараш низ сафед шудааст, ва ӯ намедонад.
10 Ва ифтихори Исроил пеши назари ӯ сарпаст шудааст,
вале онҳо бо ин ҳама сӯи Худованд Худои худ руҷӯъ намекунанд
ва Ӯро толиб намешаванд.
11 Ва Эфроим мисли кабӯтари соддадили нофаҳме гардидааст:
Мисрро мехонанд, сӯи Ашшур мераванд.
12 Ҳангоме ки онҳо мераванд, Ман тӯри Худро бар онҳо хоҳам андохт,
мисли мурғони ҳаво онҳоро фурӯд хоҳам овард; чунон ки ба ҷамоаташон шунавонидаам, онҳоро азият хоҳам дод.
13 Вой бар ҳоли онҳо, зеро ки аз Ман дур шуданд;
хонавайронӣ бар онҳо бод, зеро ки дар ҳаққи Ман ҷиноят карданд.
Ва оё мумкин аст, ки Ман онҳоро раҳо кунам?
Ва ҳол он ки онҳо бар зидди Ман суханони дурӯғ гуфтанд!
14 Ва онҳо бо дили худ сӯи Ман истиғоса набурданд,
ҳангоме ки бар бистарҳои худ фиғон мекашиданд;
барои ғалла ва шароб ҷамъ шуда,
бар зидди Ман исьён мекунанд.
15 Ва Ман онҳоро адаб омӯхта, бозуҳошонро тақвият додам,
вале онҳо дар ҳаққи Ман андешаҳои бад карданд.
16 Онҳо руҷӯъ намоянд ҳам, на ба сӯи Худои Таолост;
онҳо мисли камони ҳилагар мебошанд;
сарваронашон аз боиси забони густохонаи худ ба дами шамшер хоҳанд афтод;
ба ин сабаб онҳо дар замини Миср хандахариш хоҳанд шуд.
8БОБИ ҲАШТУМ
Душманон Исроилро барои бутпарастӣ таъқиб мекунанд.
1 Шохро ба даҳонат бигир!
Вай мисли уқоб бар хонаи Худованд ҳуҷум хоҳад кард,
зеро ки онҳо аҳди Маро шикастанд,
ва бар зидди шариати Ман ҷиноят карданд.
2 Онҳо сӯн Ман истиғоса хоҳанд бурд:
«Эй Худои ман! Мо, Исроил, Туро мешиносем».
3 Исроил некиро тарк кардааст,
пас душман варо таъқиб хоҳад кард.
4 Онҳо подшоҳонро таъин карданд, вале на аз ҷониби Ман;
сарваронро таъин карданд, вале бе розигии Ман;
аз нуқра ва тиллои худ бутҳо барои худ сохтанд,
то ки ба ҳалокат дучор шаванд.
5 Гӯсолаи ту вожгун шудааст, эй Сомария!
Ғазаби Ман бар онҳо аланга гирифтааст; то ба кай онҳо наметавонанд пок шаванд?
6 Зеро ки он аз Исроил аст,
ва ҳунарманде онро сохтааст, ва он — худо нест;
зеро ки гӯсолаи Сомария шикаста, пора‐пора хоҳад шуд.
7 Азбаски онҳо бодро коштанд,
бинобар ин тундбодро хоҳанд даравид;
онро ҳосиле нест: хӯшаҳояш орд нахоҳад дод,
агар диҳад ҳам, бегонаҳо онро хоҳанд хӯрд.
8 Исроил фурӯ бурда шудааст;
алҳол онҳо дар миёни халқҳо
мисли зарфи нодаркоре мебошанд.
9 Зеро ки онҳо мисли гӯрхари танҳое назди Ашшур рафтаанд;
Эфроим ба воситаи тӯҳфаҳо ошиқонро пайдо кардааст.
10 Гарчанде ки ба халқҳо тӯҳфа медиҳанд,
алҳол Ман онҳоро ҷамъ хоҳам кард,
ва дере нагузашта аз юғи
подшоҳи сарварон ба ларза хоҳанд омад.
11 Зеро ки Эфроим қурбонгоҳҳои бисьёре барои кафорати гуноҳ сохт, —
ин қурбонгоҳҳо барои ӯ сабаби гуноҳ гардид.
12 Муҳимтарин аҳкоми шариати Худро барои ӯ навиштам,
дар назараш чизи бегонае ба шумор рафт.
13 Дар хусуси қурбониҳои сӯхтании Ман бошад, беҳтар аст, ки забҳ карда, гӯшташро бихӯранд: Худованд онро хоҳон нест.
Бинобар ин Ӯ гуноҳи онҳоро ба ёд хоҳад овард ва барои маъсияташон ҷазо хоҳад дод:
онҳо ба Миср хоҳанд баргашт.
14 Ва Исроил Холиқи худро фаромӯш карда, қасрҳо бино намудааст,
ва Яҳудо бисьёр шаҳрҳои ҳисордор сохтааст;
валекин Ман ба шаҳрҳои вай оташ хоҳам фиристод,
то ки кӯшкҳои варо бисӯзонад.
9БОБИ НӮҲУМ
Шодиҳо тамом шудааст; вақти подош фаро расидааст.
1 Эй Исроил, мисли қавмҳо то ба дараҷаи ваҷд шодӣ накун,
зеро ки ту зино намуда аз Худои худ дур шудӣ:
болои ҳар хирман музди зиноро дӯст доштӣ.
2 Хирман ва чархушт онҳоро ғизо нахоҳад дод,
ва шаробе ки дар он ҳаст, дилхуш нахоҳад кард.
3 Дар замини Худованд сокин нахоҳанд шуд:
Эфроим ба Миср хоҳад баргашт,
ва дар Ашшур онҳо хӯроки палид хоҳанд хӯрд.
4 Барои Худованд шароб нахоҳанд рехт,
Ва қурбониҳошон писандидаи Ӯ нахоҳад буд, балки барои худашон мисли нони мотамдорон хоҳад буд:
ҳар кӣ аз онҳо бихӯрад, палид хоҳад шуд, зеро ки нони онҳо барои шикамсерии худашон мебошад,
ба хонаи Худованд он дохил нахоҳад шуд.
5 Пас шумо дар рӯзи мавсим
ва дар рӯзи иди Худованд чӣ хоҳед кард?
6 Зеро ки инак, онҳо ба сабаби хонавайронӣ рафтаанд;
Миср онҳоро ҷамъ хоҳад овард, Муф онҳоро қабр хоҳад кард;
ганҷинаҳои нуқраи онҳоро газна пахш хоҳад кард,
дар хаймаҳои онҳо мушхор хоҳад рӯид.
7 Айёми ҷазо наздик меояд,
айёми подош фаро мерасад, —
Исроил хоҳанд донист, ки оё набӣ беақл буд ва оё соҳиби рӯҳ девона буд, — ба сабаби гуноҳи бисьёр ва адовати бузурги ту.
8 Дидбони Эфроим аз ҷониби Худои ман набӣ буд,
ки дар сари ҳамаи роҳҳояш доми сайёд ниҳода шуд,
ва адоват дар хонаи Худои ӯ ҳукмфармост.
9 Онҳо, мисли айёми Ҷабъа,
ба умқи бадкирдорӣ расидаанд;
Ӯ гуноҳи онҳоро ба ёд хоҳад овард,
барои маъсияташон ҷазо хоҳад дод.
10 Исроилро мисли ангуре дар биёбон пайдо кардам;
падарони шуморо мисли навбари анҷир дар ибтидои он дидам;
лекин онҳо ба Баал‐Фаӯр омаданд, ва саргарми расвоӣ шуданд,
ва монанди маъшуқаҳошон нафратангез гардиданд.
11 Ҷалоли Эфроим мисли мурғе парида хоҳад рафт:
зоидан, ҳомиладорӣ ва бордоршавӣ нахоҳад буд.
12 Ҳатто агар фарзандони худро калон кунанд ҳам,
онҳоро нобуд хоҳам кард, ба тавре ки одаме боқӣ нахоҳад монд;
зеро ки вой бар ҳоли онҳо, вақте ки аз онҳо низ дур шавам.
13 Эфроим, вақте ки дидам,
мисли Сӯр дар мавзеи зебое ҷойгир шудааст;
вале Эфроим писаронашро барои қотил берун хоҳад овард.
14 Худовандо, ба онҳо ҳар чи медиҳӣ, бидеҳ:
раҳими бачапарто ва пистонҳои хушк ба онҳо бидеҳ.
15 Тамоми шарорати онҳо дар Ҷилҷол аст,
ки дар он ҷо Ман аз онҳо
барои кирдорҳои бадашон нафрат намудаам;
аз хонаи Худ онҳоро бадар хоҳам ронд;
онҳоро дигар дӯст нахоҳам дошт;
ҳамаи сарварони онҳо фитнагар мебошанд.
16 Эфроим шикаст хӯрдааст; решаи онҳо хушк шудааст, —
онҳо мева нахоҳанд дод; ҳатто агар зоянд ҳам,
самари марғуби батни онҳоро хоҳам кушт.
17 Худои ман онҳоро тарк хоҳад кард, чунки Ӯро нашниданд;
пас дар миёни халқҳо овора хоҳанд шуд.
10БОБИ ДАҲУМ
Бе адолат наҷот нест.
1 Исроил токи сершохаест,
ки меваи ба худаш муносибе меоварад;
ба андозаи фаровонии меваи худ қурбонгоҳҳои зиёде сохтааст;
баробари афзудани нозу неъмати заминаш сутунҳоро хубтар зебу зинат додаанд.
2 Дили онҳо пур аз тамаллуқ аст,
акнун гирифтори ҷазо хоҳанд шуд:
Ӯ қурбонгоҳҳои онҳоро вайрон,
ва сутунҳои онҳоро вожгун хоҳад кард.
3 Зеро ки онҳо алҳол мегӯянд: «Мо подшоҳ надорем,
чунки мо аз Худованд натарсидем,
ва ин подшоҳ чӣ метавонад ба мо бикунад?»
4 Сухан мегӯянд, қасамҳои дурӯғ ёд мекунанд, аҳд мебанданд;
ва доварӣ мисли гиёҳи заҳрдор бар огардҳои саҳро гул мекунад.
5 Аз боиси гӯсолаи Байт‐Овин
сокинони Сомария ба ҳарос хоҳанд афтод,
зеро ки қавмаш барои он мотам мегиранд,
ва коҳинонаш барои ҷалоли он,
ки аз он гирифта шудааст, ба ларза меоянд.
6 Худи он низ ба Ашшур ҳамчун ҳадия
ба подшоҳ бурда хоҳад шуд;
Эфроим хиҷолат хоҳад кашид,
ва Исроил аз дасисаҳояш шарманда хоҳад гардид.
7 Сомария ва подшоҳаш
мисли кафке бар рӯи об нест хоҳанд шуд.
8 Ва баландиҳои Овин — ҷои гуноҳи Исроил — маҳв хоҳанд шуд;
хору хас бар қурбонгоҳҳои онҳо хоҳад рӯид,
ва онҳо ба кӯҳҳо хоҳанд гуфт:
«Моро бипӯшонед», ва ба талҳо: «Бар мо биафтед».
9 Аз айёми Ҷабъа гуноҳ кардаӣ, эй Исроил;
дар он ҷо онҳо истодагӣ карданд:
ҷанг дар Ҷабъа ба муқобили ноинсофон ба онҳо нарасид.
10 Бар тибқи иштиёқи Худ онҳоро ҷазо хоҳам дод,
ва қавмҳо ба муқобили онҳо ҷамъ хоҳанд омад,
ва онҳоро ба ду ҳалқаи юғ хоҳанд баст.
11 Ва Эфроим ғуноҷини омӯхташудаест, ки хирманкӯбиро дӯст медорад,
ва Ман юғро бар гардани зебои вай баста, бар Эфроим низ гузоштам,
то ки Яҳудо шудгор кунад, ва Яъқуб барои худ мола намояд.
12 Барои худ аз рӯи инсоф кишт кунед,
ва бар тибқи марҳамат дарав намоед;
киштзорро барои худ шудгор кунед,
ва он гоҳ вақти он аст, ки Худовандро толиб шавед,
то ки Ӯ омада, борони адолат бар шумо биборонад.
13 Аммо шумо шароратро кишт кардед, ноинсофиро дарав намудед,
меваи кизбро хӯрдед;
зеро ки ту ба роҳи худ, ба анбӯҳи баҳодурони худ таваккал намудӣ.
14 Ва ошӯбе дар миёни қавми ту хоҳад бархост,
ва ҳамаи қалъаҳоят валангор хоҳад шуд,
мисли он ки Шалмон Байт‐Арбилро дар рӯзи ҷанг валангор кардааст;
модар бо фарзандонаш кушта пора‐пора карда шудааст.
15 Байт‐Ил, ба сабаби шарорати бузурги шумо,
ба шумо ҳамин тавр амал хоҳад кард;
дар вақти шафақи субҳ подшоҳи Исроил ба ҳалокат хохад расид.
11БОБИ ЁЗДАҲУМ
Дар бораи марҳамати бузурги Худо.
1 Вақте ки Исроил навҷавоне буд, Ман ӯро дӯст доштам;
ва писари Худро аз Миср даъват намудам.
2 Ҳар қадар бештар онҳоро даъват мекарданд,
ҳамон қадар бештар аз пеши онҳо дур мерафтанд:
барои Баалҳо қурбонӣ мекарданд,
ва барои санамҳо бухур месӯзониданд.
3 Ва ҳол он ки Ман Эфроимро ба по хезонида ба роҳравӣ одат кунондам,
бар бозуҳоям ӯро бардоштам,
вале онҳо надонистанд, ки Ман онҳоро шифо додаам.
4 Бо риштаҳои инсонӣ, бо танобҳои муҳаббат онҳоро пеш кашидам;
ва барояшон мисли касоне будам, ки юғро аз ҷоғашон боло мебардоранд;
ва навозишкорона ба вай хӯрок медодам.
5 Ба замини Миср нахоҳад баргашт, вале Ашшур подшоҳи ӯст;
зеро ки онҳо нахостанд руҷӯъ намоянд.
6 Ва шамшер дар шаҳрҳояш чарх зад.
ва деҳоти варо маҳв кард,
ва онҳоро ба сабаби дасисаҳошон фурӯ бурд.
7 Ва қавми Ман ҳанӯз моиланд, ки ба Ман осӣ шаванд;
ва ҳангоме ки онҳоро ба сӯи Худои Таоло даъват менамоянд,
онҳо бо якҷоягӣ баланд намешаванд.
8 Чӣ гуна туро таслим кунам, эй Эфроим?
Чӣ гуна туро бисупорам, эй Исроил?
Чӣ гуна туро мисли Адмо таслим кунам,
мисли Сабӯим вожгун созам?
Дили Ман андаруни Ман вайрон шудааст,
риққатҳои Ман якбора ба ҷӯш омадааст.
9 Бар ҳасби оташи ғазаби Худ амал нахоҳам кард,
ба маҳв кардани Эфроим шурӯъ нахоҳам намуд;
зеро ки Ман Худо ҳастам ва на одамизод;
дар миёни ту Қуддус ҳастам;
ва дар авҷи ғазаб назди ту нахоҳам омад.
10 Худовандро онҳо пайравӣ хоҳанд кард;
Ӯ мисли шер наъра хоҳад зад;
вақте ки Ӯ наъра занад,
фарзандон аз он тарафи баҳр хоҳанд шитофт.
11 Мисли мурғон аз Миср,
ва мисли кабӯтарон аз замини Ашшур хоҳанд шитофт;
ва онҳоро дар хонаҳошон ҷойгир хоҳам намуд, мегӯяд Худованд.
12 Маро Эфроим бо кизб,
ва Исроил бо макр иҳота кардааст;
ва Яҳудо ҳанӯз бо Худо,
бо Қуддуси амин саркашӣ мекунад.
12БОБИ ДУВОЗДАҲУМ
Яъқуби сарқабила ба қавми худ намунаи ибрати ҳаётро нишон додааст.
1 Эфроим бод мепаймояд
ва аз паи боди шарқӣ медавад,
тамоми рӯз кизб ва ситамро афзун мекунад;
ва онҳо бо Ашшур аҳд мебанданд,
ва равған ба Миср бурда мешавад.
2 Ва Худованд бо Яҳудо низ талош хоҳад кард,
ва Яъқубро бар тибқи роҳҳояш ба ҷазо мустаҳиқ хоҳад кард:
ба ӯ мувофиқи аъмолаш подош хоҳад дод.
3 Дар шиками модар ӯ пошнаи бародари худро қапид;
ва дар авҷи қувваташ бо Худо гӯштин гирифт.
4 Ва ӯ бо фаришта гӯштин гирифта, ғолиб омад;
ӯ гириста, пеши Худо тазаррӯъ намуд;
дар Байт‐Ил низ Худо ӯро ёфт,
ва дар он ҷо бо ӯ гуфтугӯ кард.
5 Ва Худованд Худои лашкарҳост:
Худованд исми Ӯст.
6 «Ту низ сӯи Худои худ руҷӯъ намо,
марҳамат ва инсофро риоят бикун,
ва ҳамеша ба Худои худ таваккал намо».
7 Вай савдогарест, ки дар дасташ тарозуи макр мебошад,
ва ситамро дӯст медорад.
8 Вале Эфроим мегӯяд: «Дуруст аст, ки ман сарватдор шудаам,
барои худ молу мулк пайдо кардаам;
дар тамоми дороии ман ноинсофие ки гуноҳ бошад,
назди ман нахоҳанд ёфт».
9 Валекин Ман Худованд Худои ту аз замини Миср ҳастам;
боз туро мисли айёми ид дар хаймаҳо ҷойгир хоҳам кард.
10 Ва Ман ба анбиё сухан рондам,
ва рӯъёҳоро афзун кардам,
ва ба воситаи анбиё масалҳоро ба кор бурдам.
11 Модоме ки Ҷилъод пур аз ҷафо гардидааст,
пас инҳо бар абас будааст;
дар Ҷилҷол онҳо говҳоро қурбонӣ мекарданд,
ва қурбонгоҳҳои онҳо мисли сангтӯдаҳои
назди огардҳои саҳро буд.
12 Ва Яъқуб ба саҳрои Арам гурехт,
ва Исроил барои зан хизмат кард,
ва барои зан чӯпонӣ намуд.
13 Ва Худованд ба воситаи набӣ Исроилро аз Миср берун овард,
ва ба воситаи набӣ ӯро нигаҳбонӣ намуд.
14 Эфроим хашми бағоят сахте ба вуҷуд овард, пас Худовандаш хуни варо бар вай боқӣ хоҳад гузошт,
ва нанги варо ба вай хоҳад баргардонид.
13БОБИ СЕЗДАҲУМ
Дар бораи ҳалокатоварии гуноҳ ва халосӣ ёфтан аз мамот.
1 Вақте ки Эфроим сухан меронд, ҳама меларзиданд;
ӯ дар Исроил сарбаланд буд;
валекин аз боиси Баал гуноҳкор шуд, ва ба ҳалокат расид.
2 Ва алҳол онҳо гуноҳҳои худро афзун мекунанд,
ва аз нуқраи худ барои худ бутҳо
ва санамҳоро мувофиқи фаҳмиши худ сохтаанд,
ки ҳамааш амали санъаткорон аст;
дар бораи онҳо мегӯянд: «Одамоне ки қурбонӣ мекунанд, гӯсолаҳоро мебӯсанд».
3 Бинобар ин онҳо мисли абри субҳ хоҳад буд,
ва мисли шабнаме ки зуд нест мешавад,
ва мисли коҳе ки бод аз хирман мебарад,
ва мисли дуде ки аз дудбаро баромада пароканда мегардад.
4 Валекин Ман Худованд Худои ту аз замини Миср ҳастам,
ва ту ғайр аз Ман худои дигарро нашинохтаӣ,
ва ғайр аз Ман наҷотдиҳандае нест.
5 Ман туро дар биёбон,
дар замини аз офтоб сӯхтае шинохтам.
6 Онҳо ба хубӣ чарида, сер шуданд;
ва чун сер шуданд, дилашон мағрур гардид,
ва ба ин сабаб Маро фаромӯш карданд.
7 Пас Ман барояшон мисли шер хоҳам буд, мисли паланг дар сари роҳашон камин хоҳам гирифт.
8 Мисли хирсе ки аз бачаҳояш маҳрум шуда бошад,
ба онҳо ҳамла хоҳам кард, ва сандуқи синаи онҳоро хоҳам дарид,
ва мисли шер онҳоро дар он ҷо хоҳам хӯрд;
ҳайвоноти саҳро онҳоро хоҳанд дарид.
9 Худро ба ҳалокат расондаӣ, эй Исроил,
зеро ки такьягоҳи ту фақат дар Ман аст.
10 Пас куҷост подшоҳи ту,
то ки туро дар тамоми шаҳрҳоят наҷот диҳад,
ва доварони ту, ки дар бораи онҳо гуфта будӣ:
«Подшоҳ ва сарварон ба ман бидеҳ»?
11 Дар хашми худ подшоҳе ба ту додам,
ва дар ғазаби Худ ӯро гирифтам.
12 Гуноҳи Эфроим гиреҳ баста шудааст,
маъсияти ӯ маҳфуз мондааст.
13 Азоби зане ки мезояд, ба сари ӯ хоҳад омад; ӯ писари бохирад нест,
вагар на дар вақти таваллуди тифлон бисьёр даранг намекард.
14 Оё Ман онҳоро аз дӯзах раҳо хоҳам кард?
Ва онҳоро аз марг халосӣ хоҳам дод?
Вабоҳоят куҷост, эй марг?
Тоунҳоят куҷост, эй дӯзах?
Пушаймонӣ аз чашмони Ман ниҳон шудааст.
15 Агарчи ӯ дар миёни найзор мева медод,
боди шарқӣ хоҳад вазид,
яъне боди Худованд аз биёбон баланд хоҳад шуд, —
ва манбаи ӯ хоҳад хушкид,
ва сарчашмаи ӯ валангор хоҳад гардид;
вай ганҷинаи тамоми асбоби гаронбаҳоро тороҷ хоҳад кард.
14БОБИ ЧОРДАҲУМ
Ба Худо руҷӯъ кардани Исроил ва дар оянда ба бузургӣ расидани вай.
1 Сомария маҳкум хоҳад шуд,
зеро ки ба муқобили Худои худ қиём кардааст:
онҳо ба дами шамшер хоҳанд афтод.
тифлҳошон ба сахра зада кушта хоҳанд шуд,
ва ҳомиладоронашон шикамчок хоҳанд гардид.
2 Эй Исроил, сӯи Худованд Худои худ руҷӯъ намо,
зеро ки ба сабаби гуноҳи худ пешпо хӯрдаӣ.
3 Сухани тавбаро бо худ гирифта, сӯи Худованд руҷӯъ намоед;
ба Ӯ бигӯед: «Ҳамаи гуноҳҳоро биомурз,
ва он чи некӯст, қабул намо;
ва мо, ба ҷои говҳо,
тазаррӯи лабони худро қурбонӣ мекунем.
4 Ашшур моро наҷот нахоҳад дод;
бар аспон савор нахоҳем шуд,
ва дигар ба амали дастҳои худ „худоҳои мо“ нахоҳем гуфт,
зеро ки ятим фақат дар Ту марҳамат хоҳад ёфт».
5 Муртадии онҳоро шифо хоҳам дод,
аз рӯи марҳамат онҳоро дӯст хоҳам дошт,
зеро ки ғазаби Ман аз онҳо дур шудааст.
6 Барои Исроил мисли шабнам хоҳам буд;
вай мисли савсан гул хоҳад кард,
ва мисли арзи Лубнон решаҳои худро хоҳад давонид.
7 Навдаҳояш вусъат ёфта,
зебоии вай мисли дарахти зайтун,
ва накҳати вай мисли ҷангали Лубнон хоҳад шуд.
8 Онҳое ки зери сояи вай сокин буданд, баргашта,
гандумзорро аз нав зинда хоҳанд кард,
ва худашон мисли ток гул‐гул хоҳанд шукуфт,
ва таърифашон мисли бӯи шароби Лубнон паҳн хоҳад шуд.
9 Эфроим хоҳад гуфт: «Маро дигар бо бутҳо чӣ кор аст?» —
Ман ӯро иҷобат намуда, ба ӯ назари нек хоҳам кард;
Ман барояш мисли сарви сабзу хуррам хоҳам буд:
меваи ту аз Ман ёфт хоҳад шуд.
10 Касе ки ҳаким аст, бигзор ин чизҳоро фаҳм кунад,
касе ки оқил аст, бигзор онҳоро дарк намояд,
зеро ки роҳҳои Худованд дуруст аст,
ва одилон дар онҳо қадамгузор мебошанд,
валекин гуноҳкорон дар онҳо пешпо мехӯранд.