НОМА

БА ИБРИЁН

1

БОБИ ЯКУМ

Ваҳйи хотимавии Худо дар Писар.

1 Худое ки аз қадимулайём борҳо ва ба тарзи гуногун ба падарони мо ба василаи анбиё сухан рондааст,

2 Дар ин айёми охир ба мо ба василаи Писараш сухан ронд, ки Ӯро вориси ҳама чиз таъин намуд ва оламҳоро низ ба воситаи Ӯ ба вуҷуд овард.

3 Писараш, ки дурахши ҷалол ва мазҳари моҳияти Ӯ буда, ҳама чизро бо каломи қуввати Худ нигоҳ доштааст, чун татҳири гуноҳҳои моро ба амал овард, ба ямини Кибриё дар афроз нишаст,

Бартарии Исо аз фариштагон.

4 Ва чӣ қадаре ки аз фариштагон бартарӣ пайдо кард, ҳамон қадар аз онҳо исми аълотаре мерос гирифтааст.

5 Зеро ба кадоме аз фариштагон Худо ягон вақт гуфтааст:

«Ту Писари Ман ҳастӣ;

Ман имрӯз Падари Ту шудаам»?

Ва боз:

«Ман ба Ӯ Падар хоҳам буд,

ва Ӯ ба Ман Писар хоҳад буд»?

6 Ва боз, вақте ки Нахустзодаро ба ҷаҳон дохил мекунад, мегӯяд:

«Ва бигзор ҳамаи фариштагони Худо Ӯро парастиш кунанд».

7 Дар бораи фариштагон гуфта шудааст:

«Фариштагони Худро ба бодҳо табдил медиҳад

ва хизматгорони Худро ба оташи сӯзон».

8 Аммо дар бораи Писараш гуфта шудааст:

«Тахти Ту, эй Худо, то абад аст,

ва асои садоқат асои салтанати Туст.

9 Адолатро дӯст дошта, аз шарорат нафрат дорӣ.

Бинобар ин Худо, Худои Ту, Туро бо равғани шодмонӣ бештар аз рафиқонат тадҳин кардааст».

10 Ва боз:

«Дар замони қадим Ту, эй Худованд, заминро буньёд кардаӣ, ва осмон амали дастҳои Туст.

11 Онҳо фано хоҳанд шуд, валекин Ту қоим хоҳӣ буд;

ва ҳамаашон мисли ҷомае

ҷиғда‐ҷиғда хоҳанд шуд,

12 Мисли пероҳане онҳоро хоҳӣ печонид,

ва онҳо мубаддал хоҳанд шуд.

Валекин Ту айни ҳамон ҳастӣ,

ва солҳои Ту тамом нахоҳад шуд».

13 Ба кадоме аз фариштагон Худо ягон вақт гуфтааст:

«Ба ямини Ман бинишин,

то душманони Туро зери пои Ту андозам»?

14 Оё ҳамаи онҳо рӯҳҳои хизматгузор нестанд, ки барои хизмати онҳое фиристода мешаванд, ки вориси наҷот хоҳанд шуд?

2

БОБИ ДУЮМ

Агар ба шариати Аҳди Қадим мутеӣ муносиб омада бошад, он боз ҳам зиёдтар ба Каломи Масеҳ муносиб аст.

1 Бинобар ин мо бояд ба он чи шунидаем, махсусан бодиққат бошем, то ки аз он дур нашавем.

2 Зеро, агар каломе ки ба василаи фариштагон гуфта шудааст, матин буда, барои ҳар ҷиноят ва беитоатӣ подоши одилона дода шуда бошад,

3 Чӣ гуна мо халос мешавем, агар ба чунин наҷоти бузург беэътиноӣ кунем, ки онро аввал Худованд мавъиза намуд ва баъд онҳое ки аз Ӯ шунидаанд, дар миёни мо тасдиқ кардаанд,

4 Ва Худо низ ба он шаҳодат дод ба воситаи аломот ва мӯъҷизот, ва ҳар навъ қувваҳо, ва бахшоиши Рӯҳулқудс ба ҳасби иродаи Худ?

Масеҳ ба воситаи залолат ва мамот бар мамот ғолиб омад.

5 Зеро олами ояндаро, ки дар бораи он сухан меронем, Худо ба фариштагон мутеъ накардааст,

6 Балки касе дар ҷое шаҳодат дода, гуфтааст:

«Чист инсон, ки ӯро ёд кунӣ,

ва фарзанди одам, ки ӯро тафаққуд намоӣ?

7 Ӯро аз фариштагон фақат андак кам кардаӣ;

ва тоҷи ҷалол ва шавкат бар сари ӯ гузоштаӣ;

ӯро бар аъмоли дастҳои Худ ҳукмфармо кардаӣ;

8 Ҳама чизро зери пои ӯ гузоштаӣ». Модоме ки ҳама чизро ба ӯ мутеъ кардааст, пас ҳеҷ чизе намондааст, ки мутеи ӯ набошад. Вале ҳоло ҳанӯз намебинем, ки ҳама чиз мутеи ӯ бошад;

9 Балки мебинем, ки Исо, ки аз фариштагон андак кам карда шуда буд, ба сабаби азоби мамот алҳол тоҷи ҷалол ва шавкат бар сар дорад, то ки ба ҳасби файзи Худо зоиқаи мамотро барои ҳама бичашад.

10 Зеро лозим буд, ки Ӯ, ки ҳама чиз барои Ӯст ва ҳама чиз аз Ӯст, барои ин ки фарзандони бисьёрро ба ҷалол бирасонад, Пешвои наҷоти онҳоро ба воситаи уқубатҳо комил гардонад.

11 Зеро ки ҳам Тақдискунанда ва ҳам тақдисшавандагон, ҳама аз Ягона ҳастанд; ба ин сабаб Ӯ ор намекунад, ки онҳоро бародар хонад, ва мегӯяд:

12 «Исми Туро ба бародаронам шӯҳрат хоҳам дод,

дар миёни ҷамоат Туро мадҳ хоҳам кард».

13 Ва боз:

«Ман ба Ӯ таваккал хоҳам кард».

Ва боз:

«Инак, Ман ва фарзандоне ки Худо ба Ман додааст».

14 Ва азбаски фарзандон ба ҷисм ва хун шарокат доранд, Ӯ низ шарики инҳо гардид, то ки ба воситаи мамот соҳиби қудрати мамотро, яъне иблисро нобуд намояд.

15 Ва онҳоеро, ки аз тарси мамот тамоми умри худ гирифтори ғуломӣ буданд, халосӣ диҳад.

16 Зеро ки Ӯ фариштагонро дастгирӣ накардааст, балки насли Иброҳимро дастгирӣ кардааст.

17 Бинобар ин Ӯ мебоист аз ҳар ҷиҳат ба бародарони Худ монанд мешуд, то ки Саркоҳини раҳим ва амине ба ҳузури Худо бошад, барои он ки гуноҳҳои қавмро кафорат кунад,

18 Зеро, чӣ тавре ки Худи Ӯ аз озмоиш гузашта, уқубат кашидааст, ба озмудашавандагон низ метавонад мадад расонад.

3

БОБИ СЕЮМ

Бартарии Исо аз Мусо.

1 Пас, эй бародарони муқаддас, ки дар даъвати осмонӣ шарик ҳастед, ба Расул ва Саркоҳини эътирофи мо — Исои Масеҳ назар дӯзед,

2 Ки Ӯ ба Он ки Ӯро таъин намуд, амин буд, чунон ки Мусо низ дар тамоми хонаи Ӯ амин буд.

3 Зеро Ӯ нисбат ба Мусо сазовори ҷалоли бештаре гардид, чунки меъмори ҳона, назар ба худи ҳона, эҳтироми бештаре дорад;

4 Зеро ки ҳар хона меъмори худро дорад, валекин меъмори ҳама чиз Худост.

5 Ва Мусо дар тамоми ҳонаи Ӯ мисли хизматгузор амин буд, то шаҳодат диҳад дар бораи чизҳое ки дар оянда бояд гуфта шавад.

6 Аммо Масеҳ мисли Писар аст бар ҳонаи Ӯ; ва ҳонаи Ӯ мо ҳастем, ба шарте ки ҷуръат ва фахри умедро то ба охир боматонат нигоҳ дорем.

Мисоли Исроили замони Мусо аз шахшудамондагӣ ва якравӣ огоҳ менамояд.

7 Бинобар ин, чунон ки Рӯҳулқудс мегӯяд, «имрӯз агар овози Ӯро бишнавед,

8 Дилҳои худро сахт накунед, мисли замони ошӯб, мисли рӯзи озмоиш дар биёбон,

9 Ки дар он ҷо падарони шумо Маро озмуданд; Маро имтиҳон карданд, агарчи аъмоли Маро чил сол дида буданд.

10 Ба ин сабаб бар ин насл дарғазаб шудам ва гуфтам:

ҳамеша дилашон гумроҳ мешавад, ва роҳҳои Маро нафаҳмидаанд;

11 Ва Ман дар ғазаби Худ қасам хӯрдам, ки онҳо ба оромии Ман доҳил нахоҳанд шуд».

12 Эй бародарон, бохабар бошед, ки касе аз шумо дили шарир ва беимоне ки аз Худои Ҳай рӯй мегардонад, надошта бошад,

13 Балки якдигарро ҳар рӯз насиҳат диҳед, то даме ки «имрӯз» гуфта мешавад, ки касе аз шумо ба фиребҳои гуноҳ афтода, саҳтдил нашавад.

14 Зеро ки мо шарикони Масеҳ гардидаем, ба шарте ки асоси эътимоди худро то ба охир боматонат нигоҳ дорем,

15 Чунон ки гуфта мешавад:

«Имрӯз, агар овози Ӯро бишнавед,

дилҳои худро сахт накунед, мисли замони ошӯб».

16 Зеро киҳо буданд, ки шунида, ошӯб бардоштанд? Оё на ҳамаи онҳое ки ба туфайли Мусо аз Миср берун омада буданд?

17 Ва бар киҳо Ӯ чил сол дар ғазаб шуд? Оё на бар осиёне ки ҷасадҳошон дар биёбон фурӯ ғалтид?

18 Ва дар ҳаққи киҳо Ӯ қасам хӯрд, ки ба оромии Ӯ дохил нахоҳанд шуд? Оё на дар ҳаққи онҳое ки беитоатӣ карданд?

19 Ва мо мебинем, ки онҳо аз боиси беимонӣ натавонистанд дохил шаванд.

4

БОБИ ЧОРУМ

Оромие ки дар каломи Худо дар Аҳди Кадим ваъда карда шуда буд, ҳоло ба воситаи Масеҳ ба қавми Худо ошкор шудааст.

1 Пас, дар сурате ки ваъдаи дохилшавӣ ба оромии Ӯ ҳанӯз боқист, мо хавотир хоҳем дошт, мабодо маълум гардад, ки касе аз шумо муваффақ нашудааст.

2 Зеро ки башорат ба мо низ, чунон ки ба онҳо, мавъиза карда шуд; аммо ба онҳо каломе ки шуниданд, фоидае набахшид, чунки бо имони шунавандагон напайваст.

3 Зеро мо, ки имон овардаем, ба он оромӣ дохил хоҳем шуд, чунон ки Ӯ гуфтааст:

«Ман дар ғазаби Худ қасам хӯрдам, ки онҳо ба оромии Ман дохил нахоҳанд шуд», гарчанде ки корҳои Ӯ аз хилқати олам анҷом ёфта буд.

4 Зеро ки дар ҷое дар бораи рӯзи ҳафтум чунин гуфта шудааст: «Ва Худо дар рӯзи ҳафтум аз ҳамаи корҳои Худ ором гирифт».

5 Ва боз дар ин ҷо: «Онҳо ба оромии Ман дохил нахоҳанд шуд».

6 Пас, дар сурате ки баъзе касон имконият доранд ба он дохил шаванд, вале онҳое ки башорат барояшон пештар мавъиза карда шуда буд, аз боиси беитоатӣ дохил нашуданд, —

7 Боз Ӯ рӯзеро муайян намуда, баъд аз муддати дуру дарозе ба воситаи Довуд «имрӯз» мегӯяд, чунон ки дар боло гуфта шудааст:

«Имрӯз, агар овози Ӯро бишнавед,

дилҳои худро сахт накунед».

8 Зеро, агар Еҳушаъ ба онҳо оромӣ медод, баъд аз ин дар бораи рӯзи дигар сухан ронда намешуд.

9 Пас, барои қавми Худо боз оромии шанбе боқӣ мемонад.

10 Зеро, касе ки ба оромии Ӯ дохил шудааст, худаш низ аз корҳои худ ором гирифтааст, чунон ки Худо аз корҳои Худ.

11 Пас, саъю кӯшиш намоем, ки ба он оромӣ дохил шавем, мабодо касе гирифтори он беитоатии ибратомез шуда, фурӯ ғалтад.

12 Зеро ки каломи Худо зинда ва таъсирбахш ва аз ҳар шамшери дудама тезтар аст, ва то ба ҳадди ҷудо кардани ҷон ва рӯҳ, буғумҳо ва иликҳо рафта мерасад, ва андеша ва ниятҳои дилро месанҷад.

13 Ва ҳеҷ махлуқе нест, ки аз Ӯ ниҳон бошад, балки ҳама чиз пеши чашмони Ӯ бараҳна ва ошкор аст: ба Ӯ ҳисобот хоҳем дод.

Масеҳ, ҳамчун Саркоҳини ҳақиқӣ, аз ҷониби Худо таъин шудааст; Ӯ аз Ҳорун болотар аст.

14 Пас мо, ки чунин Саркоҳини бузурге дорем, ки афлокро тай намудааст, ва Ӯ Масеҳи Писари Худост, эътирофи худро боматонат нигоҳ дорем.

15 Зеро мо чунон саркоҳин надорем, ки дар заъфҳои мо натавонад ба мо дилсӯзӣ намояд, балки Ӯ монанди мо, дар ҳама чиз озмудаи васвасае шуд, вале гуноҳ накард.

16 Бинобар ин бо ҷуръат ба тахти файз наздик оем, то ки марҳамат ба даст оварем ва барои мадади саридарвақт файз ёбем.

5

БОБИ ПАНҶУМ

Масеҳ Саркоҳин аст ба монанди Малкисодақ.

1 Зеро ҳар саркоҳине ки аз миёни одамон интихоб шудааст, барои одамон ба хизмати Худо гузошта мешавад, то ки барои гуноҳҳо ҳадия ва қурбониҳо тақдим кунад,

2 Ки вай метавонад ба ҷоҳилон ва гумроҳон ғамҳорӣ намояд, чунки худаш низ гирифтори заъф аст,

3 Ва ба ин сабаб бояд ҳам барои қавм ва ҳам барои худаш қурбонии гуноҳҳоро тақдим кунад.

4 Ва ҳеҷ кас худ аз худ ин мартабаро соҳиб намешавад, балки фақат вақте ки аз ҷониби Худо даъват шавад, чунон ки Ҳорун низ.

5 Ҳамчунин Масеҳ низ ҷалоли Саркоҳинро Худаш аз они Худ накардааст, балки Он ки ба Ӯ гуфтааст:

«Ту Писари Ман ҳастӣ;

Ман имрӯз Падари Ту шудаам»;

6 Чунон ки дар ҷои дигар низ мегӯяд:

«Ту коҳин ҳастӣ то абад,

ба монанди Малкисодақ».

7 Дар айёме ки Ӯ дар ҷисм буд, ба Он ки метавонист Ӯро аз мамот наҷот диҳад, бо фиғони пурзӯр ва бо ашкрезӣ дуо ва тазаррӯъ намуд, ва ба хотири таъзиму такрими Худ иҷобат карда шуд,

8 Ва агарчи Писар буд, ба василаи уқубатҳо ба итоат омӯхта шуд,

9 Ва камол ёфта, барои ҳамаи мутеони Худ сабабгори наҷоти ҷовидонӣ гардид,

10 Ва Худо Ӯро Саркоҳине ба монанди Малкисодақ ном ниҳод.

Дар бораи норасогии мийяи шунавандагон.

11 Дар ин хусус мебоист бисьёр суҳан мерондем, лекин фаҳмондани он душвор аст, чунки гӯшҳои шумо вазнин шудааст.

12 Зеро, мувофиқи дарозии замон, мебоист шумо муаллим мешудед, лекин аз нав ба шумо асосҳои аввалини каломи Худоро таълим додан лозим меояд, ва барои шумо шир даркор аст, на ғизои сахт.

13 Зеро ҳар кӣ ширхӯр аст, аз каломи адолат бехабар аст, чунки кӯдак аст;

14 Вале ғизои сахт барои касонест, ки ба камол расидаанд, ки ҳиссиёташон ба василаи малака ба фарқ кардани неку бад омӯхта шудааст.

6

БОБИ ШАШУМ

Имондорон ба воситаи пурсабрӣ вориси ваъдаҳои Худо мегарданд.

1 Бинобар ин, таълимоти ибтидоии Масеҳро монда, сӯи камол шитоб кунем ва аз нав асос нагузорем ба тавба аз аъмоли беҷон ва ба имон ба Худо,

2 Ба таълимоти оид ба таъмидҳо, оид ба гузоштани дастҳо, оид ба эҳьёи мурдагон ва оид ба доварии ҷовидонӣ.

3 Ва инро ба амал хоҳем овард, ба шарте ки Худо изн диҳад.

4 Зеро касоне ки боре фикрашон равшан шудааст, ва бахшоиши осмониро чашидаанд, ва шарикони Рӯҳулқудс гардидаанд,

5 Ва каломи неки Худо ва қувваҳои олами ояндаро чашидаанд,

6 Ва ҷудо шуда афтодаанд, — онҳоро аз нав ба роҳи тавба андохтан имконнопазир аст, зеро онҳо Писари Худоро ба зарари худашон боз маслуб мекунанд ва беобрӯ месозанд.

7 Зеро замине ки борҳо борони бар он боридаро мехӯрад ва барои онҳое ки онро кор мекунанд, набототи фоиданоке мерӯёнад, — аз Худо баракат меёбад;

8 Вале замине ки хору хас мерӯёнад, нобоб буда, ба лаънат наздик аст, ва фарҷоми он сӯхтан аст.

9 Аммо дар хусуси шумо, эй маҳбубон, мо яқин дорем, ки шумо дар холати беҳтар ва ба наҷот наздике мебошед, гарчанде ки ин гуна сухан меронем.

10 Зеро Худо беадолат нест, ки кори шуморо, ва он меҳнати муҳаббатеро, ки ба исми Ӯ зоҳир намуда, ба муқаддасон хизмат кардаед ва мекунед, фаромӯш кунад.

11 Лекин орзумандем, ки ҳар яке аз шумо ҳамин ғайратро то ба охир нишон диҳед, то ки умедатон комилан ҳосил шавад;

12 То ки шумо танбал нашавед, балки ба касоне тақлид кунед, ки ба василаи имон ва пурсабрӣ вориси ваъдаҳо мегарданд.

13 Зеро, вақте ки Худо ба Иброҳим ваъда дод, азбаски ба каси бузургтаре наметавонист қасам ёд кунад, ба Зоти Худ қасам ёд кард

14 Ва гуфт: «Ҳақиқатан туро бисьёр баракат хоҳам дод ва туро бағоят афзун хоҳам кард».

15 Ва Иброҳим бо пурсабрии худ ба он ваъда ноил гардид.

16 Зеро ки одамон бо он чи бузургтар аст, қасам ёд мекунанд, ва қасам исботест, ки ба ҳар мунозираи онҳо хотима медиҳад.

17 Бинобар ин Худо, ки мехост тағьирнопазирии иродаи Худро ба ворисони ваъда пурратар нишон диҳад, қасамро ба кор бурд,

18 То бо ду чизи тағьирнопазир, ки дар онҳо дурӯғ гуфтани Худо мумкин нест, барои мо, ки паноҳ ёфтаем ва ба умеде ки пешниҳод шудааст, часпидаем, тасаллои пурзӯре бошад.

19 Он умед барои ҷон мисли лангари боэътимод ва мустаҳкам аст, ва андаруни парда дохил мешавад,

20 Ки ба он ҷо пешгузаштаи мо — Исо дохил шуда, то абад Саркоҳин гардид ба монанди Малкисодақ.

7

БОБИ ҲАФТУМ

Масеҳ Коҳин аст ба монанди Малкисодақ, ва Ӯ аз коҳинони левизода болотар аст.

1 Зеро ки Малкисодақ, подшоҳи Салим, коҳини Худои Таоло, — ҳамон касе ки ба пешвози Иброҳим баромад ва ӯро баракат дод, вақте ки ӯ баъд аз шикаст додани подшоҳон бармегашт,

2 Ва Иброҳим ба вай аз ҳар чиз даҳьяк дод, — вай, аввалан, мувофиқи маънои номаш подшоҳи адолат аст ва сонӣ подшоҳи Салим низ, яъне подшоҳи осоиштагӣ,

3 Бе падар, бе модар, бе насабнома, дар ҳолате ки на ибтидои айём дорад, на интиҳои ҳаёт, балки ба Писари Худо монанд буда, ба сурати абадӣ коҳин мемонад.

4 Пас бубинед, чӣ гуна бузург аст он касе ки Иброҳими сарқабила низ ба вай аз беҳтарин ғанимати худ даҳьяк дод.

5 Онҳое ки аз миёни фарзандони Левӣ каҳонат пайдо мекунанд, ҳукм доранд, ки мувофиқи шариат аз қавм, аз бародарони худ даҳьяк ситонанд, гарчанде ки онҳо низ аз камари Иброҳим ба вуҷуд омадаанд.

6 Аммо ин касе ки аз авлоди онҳо ба вуҷуд наомадааст, аз Иброҳим даҳьяк гирифт ва соҳиби ваъдаро баракат дод.

7 Тамоман баҳснопазир аст, ки хурд аз ҷониби бузург баракат дода мешавад.

8 Ва дар ин ҷо одамони миранда даҳьяк меситонанд, лекин дар он ҷо Он ки дар ҳаққи Вай шаҳодат дорад, ки Ӯ зинда аст.

9 Ва, гуфтан мумкин, худи Левӣ, ки даҳьяк меситонад, ба воситаи Иброҳим даҳьяк дод:

10 Зеро ки ӯ ҳанӯз дар камари падар буд, вақте ки Малкисодақ ба пешвози Иброҳим баромад.

Каҳонати левизодагон тамом шудааст; Масеҳ Саркоҳин аст то абад.

11 Пас, агар камол ба василаи каҳонати Левӣ муяссар мешуд, — зеро ки шариат дар он айём ба қавм расид, — боз чӣ ҳоҷат буд, ки коҳини дигаре ба монанди Малкисодақ ба майдон ояд, ва ба монанди Ҳорун номида нашавад?

12 Зеро ки дар баробари дигаргунии каҳонат дигаргунии шариат низ зарур мешавад.

13 Зеро Он ки дар ҳаққи Ӯ ин сухан гуфта мешавад, ба сибти дигаре мансуб буд, ки аз он ҳеҷ кас хизмати курбонгоҳро ба ҷо наовардааст;

14 Зеро маълум аст, ки Худованди мо аз сибти Яҳудо тулӯъ намуд, ки Мусо дар бораи он оид ба каҳонат чизе нагуфтааст.

15 Ва ин боз ҳам равшантар дида мешавад, ки агар ба монанди Малкисодақ коҳини дигаре ба майдон ояд,

16 Ки вай на бар тибқи қонуни як мизони ҷисмонӣ, балки ба ҳасби қуввати як ҳаёти бепоён чунин шуда бошад.

17 Зеро ки шаҳодат дода шудааст:

«Ту коҳин ҳастӣ то абад,

ба монанди Малкисодақ».

18 Зеро ки ҳукми пештара, ба сабаби заъф ва бефоидагии он, ботил мешавад,

19 Чунки шариат ҳеҷ чизро ба камол нарасондааст; лекин умеди беҳтаре ҷои онро гирифт, ки ба василаи он мо ба Худо наздик меоем.

20 Ва ин умед бе қасам нест, —

21 Зеро ки онҳо бе қасам коҳин шудаанд, аммо Ӯ бо қасам, чунки дар ҳаққи Ӯ гуфта шудааст:

«Худованд қасам хӯрдааст,

ва таассуф нахоҳад хӯрд:

Ту коҳин ҳастӣ то абад, ба монанди Малкисодақ», —

22 Бинобар ин ба аҳди беҳтаре Исо зомин шуд.

23 Ва он коҳинон бисьёр буданд, чунки мамот намегузошт, ки боқӣ монанд;

24 Аммо Ӯ, ки то абад боқист, каҳонати бефано дорад,

25 Ва ба ин сабаб низ метавонад доимо онҳоеро, ки ба василаи Ӯ сӯи Худо меоянд, наҷот диҳад, зеро ҳамеша зинда аст, то ки барои онҳо шафоат кунад.

26 Зеро ки мо ба чунин Саркоҳин эҳтиёҷ дорем: муқаддас, аз бадӣ дур, беайб, аз гуноҳкорон ҷудо ва аз афлок болотар баромада,

27 Ки эҳтиёҷ надорад ҳар рӯз, мисли он саркоҳинон, аввал барои гуноҳҳои худаш, баъд барои гуноҳҳои қавм қурбониҳо тақдим кунад, зеро ки инро Ӯ як бор ба амал овард, вақте ки Худро ба унвони қурбонӣ тақдим кард.

28 Зеро ки шариат одамони гирифтори заъфро коҳин таъин мекунад, вале каломи қасам, ки баъд аз шариат омад, Писареро, ки то абад комил шудааст, таъин кард.

8

БОБИ ҲАШТУМ

Саркоҳини абадӣ, назар ба саркоҳинони Аҳди Қадим, маснади баландтаре дорад; Ӯ Шафоатгари Аҳди Ҷадид аст.

1 Дар он чи гуфта шуд, чизи асосӣ ин аст; мо чунон Саркоҳине дорем, ки Ӯ ба ямини тахти Кибриё дар афлок нишастааст,

2 Ва хизматгузори қудс ва хаймаи ҳақиқӣ мебошад, ки онро Худованд барпо кардааст, на одамизод.

3 Зеро ки ҳар саркоҳин барои тақдим кардани ҳадия ва қурбониҳо таъин мешавад; бинобар ин лозим буд, ки Ӯ низ чизе барои тақдим кардан дошта бошад.

4 Пас, агар Ӯ бар замин мемонд, коҳин ҳам намешуд, чунки дар ин ҷо коҳиноне ҳастанд, ки ба ҳасби шариат ҳадияҳо тақдим менамоянд,

5 Ва онҳо ба сурат ва сояи чизҳои осмонӣ хизмат мекунанд, чунон ки ба Мусо гуфта шуда буд, вақте ки ӯ ба сохтани ҳайма шурӯъ менамуд: «Бохабар бош», гуфта шудааст, «ки ҳама чизро мувофиқи намунае ки дар болои кӯҳ ба ту нишон дода шуд, ба амал оварӣ».

6 Аммо алҳол Ӯ хизмати аълотаре пайдо кардааст ба андозае ки Ӯ миёнарави аҳди беҳтаре мебошад, ки он бар ваъдаҳои беҳтар барқарор гардидааст.

7 Зеро, агар он аҳди якум бенуқсон мебуд, ҷое барои дигараш намеҷустанд.

8 Зеро ки Худо онҳоро мазаммат намуда, мегӯяд:

«Инак, айёме мерасад, мегӯяд Худованд,

ки Ман бо хонадони Исроил ва бо хонадони Яҳудо аҳди ҷадид хоҳам баст,

9 На чунон аҳде ки бо падарони онҳо баста будам

дар рӯзе ки дасташонро гирифтам,

то онҳоро аз замини Миср берун оварам;

чунки онҳо дар аҳди Ман қоим набуданд,

ва Ман ба онҳо эътино накардам, мегӯяд Худованд.

10 Зеро ин аст аҳде ки бо хонадони Исроил

баъд аз он айём хоҳам баст, мегӯяд Худованд:

қонунҳои Худро дар афкори онҳо хоҳам гузошт

ва дар дилҳои онҳо хоҳам навишт,

ва Худои онҳо хоҳам буд, ва онҳо қавми Ман хоҳанд буд.

11 Ва касе ёри худро,

ва касе бародари худро дигар таълим нахоҳад дод ва нахоҳад гуфт:

Худовандро бишинос; чунки ҳама, аз хурд то калон,

Маро хоҳанд шинохт;

12 Чунки ба ноинсофиҳои онҳо шафаққат хоҳам кард ва гуноҳҳо ва шароратҳои онҳоро дигар ба ёд нахоҳам овард».

13 Бо гуфтани «аҳди ҷадид» Ӯ қадимагии аҳди якумро нишон дод; ва он чи қадима ва кӯҳна аст, ба нестшавӣ наздик аст.

9

БОБИ НӮҲУМ

Саркоҳини абадӣ, назар ба каҳонати Аҳди Қадим, каҳонати баландтаре дорад; Ӯ қурбонии олие, яъне Хуни шахсии Худро, меоварад.

1 Пас, аҳди якум низ дастурҳои оид ба ибодати Худо, ва қудси заминӣ дошт;

2 Зеро хайма ба қисмҳо сохта шуда буд: қисми якум, ки дар он чароғдон ва миз ва нони тақдим буд, ва он «қудс» номида мешавад.

3 Ва дар паси парда кисми дуюми хайма буд, ки «қудси қудсҳо» номида мешавад,

4 Ки дар он бухурдони тиллоӣ ва сандуқи аҳд буд, ки ҳама ҷояш тиллокӯб шуда буд, ва дар он зарфи тиллоие пур аз манн, асои шукуфтаи Ҳорун ва лавҳаҳои аҳд буд,

5 Ва ба болои он каррубиёни ҷалол буданд, ки бар кафоратгоҳ соя меафканданд; дар ин хусус ҳоло муфассал сухан рондан лозим нест.

6 Дар чунин шароит, коҳинон ба қисми якуми хайма ҳамеша медароянд, то ки ибодати Худоро ба ҷо оваранд;

7 Аммо ба қисми дуюми хайма соле як бор фақат саркоҳин медарояд, он ҳам бе хун не, ки онро барои худаш ва барои хатокориҳои қавм қурбонӣ мекунад.

8 Ва Рӯҳулқудс бо ин нишон медиҳад, ки то даме ки хаймаи якум вуҷуд дорад, ҳанӯз роҳи қудс кушода нашудааст.

9 Вай тимсоли замони ҳозира аст, ки дар он ҳадияҳо ва қурбониҳое тақдим карда мешаванд, ки қодир нестанд виҷдони тақдимкунандаро осуда гардонанд,

10 Ва онҳо, бо чизҳои хӯрданӣ ва нӯшиданӣ ва бо ҳар гуна таҳорат ва маросим, дастурҳои мансуб ба ҷисм буда, фақат то замони ислоҳ муқаррар карда шудаанд.

11 Аммо Масеҳ ҳамчун Саркоҳини некиҳои оянда омада, ба воситаи хаймаи бузургтар ва мукаммалтаре ки бо дасти одам сохта нашудааст, яъне сохташ чунин нест,

12 Ва на ба воситаи хуни бузҳо ва говҳо, балки ба воситаи Хуни Худ як бор ба кудс дохил шуда, кафорати абадӣ пайдо кард.

13 Зеро, агар хуни бузҳо ва говҳо ва хокистари модагов, ки ба палидон пошида мешавад, онҳоро то ба дараҷаи татҳири ҷисм тақдис мекарда бошад,

14 Чӣ қадар бештар Хуни Масеҳ, ки ба василаи Рӯҳи абадӣ Зоти беайби Худро ба Худо тақдим намуд, виҷдони моро аз аъмоли беҷон татҳир хоҳад кард, то ки Худои Ҳай ва ҳақиқиро ибодат намоем!

15 Бинобар ин Ӯ Миёнарави аҳди ҷадид аст, то ки пас аз мамоти Ӯ, ки он барои кафорати ҷиноятҳои замони аҳди якум вокеъ шудааст, даъватшудагон мероси абадии мавъудро пайдо кунанд.

16 Зеро, дар ҳар ҷое ки васияте ҳаст, бояд собит шавад, ки васияткунанда мурдааст,

17 Чунки васият пас аз мурдан эътиборнок аст; он, то даме ки васияткунанда зинда аст, ҳеҷ эътибор надорад.

18 Бинобар ин аҳди якум низ бе хун барқарор нашудааст.

19 Зеро, вақте ки Мусо ҳамаи аҳкомро мувофиқи шариат пеши тамоми қавм ҳонд, хуни говҳо ва бузҳоро бо об ва пашми арғувонӣ ва зуфо гирифта, ҳам бар худи китоб пошид, ҳам бар тамоми қавм,

20 Ва гуфт: «Ин аст хуни аҳде ки Худо ба шумо амр фармудааст».

21 Ҳамчунин бар хайма ва тамоми олоти ибодати Худо хун пошид.

22 Қариб ҳама чиз мувофиқи шариат ба василаи хун татҳир меёбад, ва бе рехтани хун омурзиш нест.

23 Пас, тимсоли чизҳои осмонӣ мебоист бо ин воситаҳо татҳир меёфт, аммо худи чизҳои осмонӣ — бо қурбониҳои хубтар аз инҳо.

24 Зеро Масеҳ на ба қудси бо дасти одам сохташуда, ки фақат тимсоли қудси ҳақиқист, балки ба худи осмон даромадааст, то ки ҳоло барои мо ба ҳузури Худо зоҳир шавад,

25 На аз барои он ки борҳо Худро қурбонӣ кунад, чунон ки саркоҳин ҳар сол ба қудс бо хуни дигарон+ 9:25 Яъне бо хуни ҳайвонот. медарояд;

26 Вагар на Ӯ мебоист аз ибтидои олам борҳо уқубат мекашид. Аммо Ӯ алҳол, дар охири замонҳо, як бор зоҳир шуд, то ки бо қурбонии Худ гуноҳро нест кунад.

27 Ва чунон ки одамонро насиб гардидааст, ки як бор бимиранд ва пас аз он ба доварӣ дучор шаванд,

28 Ончунон Масеҳ низ як бор Худро барои бардоштани гуноҳҳои бисьёр касон қурбонӣ намуда, бори дуюм на аз барои татҳири гуноҳ зоҳир хоҳад шуд, балки барои онҳое ки Ӯро интизор доранд, то наҷот ёбанд.

10

БОБИ ДАҲУМ

Исо ба воситаи Қурбонии Ҷолҷолто имондоронро ба сурати абадӣ аз гуноҳҳо озод кард.

1 Зеро шариате ки сояи некиҳои оянда аст ва воқеияти онҳо нест, ҳаргиз наметавонад ба воситаи айни ҳамон қурбониҳое ки ҳамеша, сол ба сол тақдим карда мешаванд, тақдимкунандагонро комил гардонад.

2 Вагар на, ба тақдим кардани онҳо хотима медоданд, чунки тақдимкунандагони қурбонӣ як бор татҳир ёфта, дигар хеҷ идроки гуноҳҳоро намедоштанд.

3 Лекин ба василаи ин қурбониҳо сол ба сол дар бораи гуноҳҳо хотиррасон карда мешавад;

4 Зеро аз имкон берун аст, ки хуни говҳо ва бузҳо гуноҳҳоро нест кунад.

5 Бинобар ин Масеҳ ба ҷаҳон дохил шуда, мегӯяд:

«Қурбонӣ ва ҳадияро Ту нахостӣ, балки бадане барои Ман муҳайё намудӣ;

6 Қурбонии сӯҳтанӣ ва қурбонии хато барои Ту писандида набуд.

7 Он гоҳ гуфтам: „Инак, меоям, — чунон ки дар тӯмори китоб дар бораи Ман навишта шудааст, — то ки иродаи Туро, эй Худо, ба ҷо оварам“».

8 Аввал мегӯяд: қурбонӣ ва ҳадия ва қурбонии сӯхтанӣ ва қурбонии хаторо, — ки мувофиқи шариат тақдим карда мешавад, — Ту нахостӣ, ва онҳо барои Ту писандида набуд;

9 Баъд, илова намуда, гуфтааст: «Инак, меоям, то ки иродаи Туро, эй Худо, ба ҷо оварам». Ӯ якумро ботил мекунад, то ки дуюмро барқарор намояд.

10 Ба ҳасби ҳамин ирода мо ба василаи қурбонии якбораи ҷисми Исои Масеҳ тақдис ёфтаем.

11 Ва ҳар коҳин ҳар рӯз дар ибодат меистад ва айни ҳамон қурбониҳоро борҳо тақдим менамояд, ки онҳо ҳаргиз наметавонанд гуноҳҳоро нест кунанд.

12 Аммо Ӯ як қурбониро ба сурати абадӣ барои гуноҳҳо тақдим намуда, ба ямини Худо бинишаст,

13 Ва пас аз ин мунтазир аст то даме ки душманонаш зери пои Ӯ андохта шаванд.

14 Зеро ки Ӯ ба василаи як қурбонӣ тақдисшавандагонро то абад комил гардондааст.

15 Рӯҳулқудс низ ба мо шаҳодат медиҳад, зеро ки гуфта шудааст:

16 «Ин аст аҳде ки бо онҳо баъд аз он айём хоҳам баст,

мегӯяд Худованд: қонунҳои Худро дар дилҳои онҳо хоҳам гузошт

ва дар афкори онҳо хоҳам навишт,

17 Ва гуноҳҳо ва шароратҳои онҳоро ба ёд нахоҳам овард».

18 Ва дар он ҷое ки омурзиши гуноҳҳо ҳаст, қурбонӣ барои онҳо дигар лозим нест.

Даъват ба вафодорӣ ба Масеҳ ва Калисо ҳатто дар шароити таъқибот.

19 Пас, эй бародарон, модоме ки мо ҷуръат дорем ба қудс ба василаи Хуни Исои Масеҳ,

20 Бо роҳи нав ва зинда дохил шавем, ки онро Ӯ барои мо ба василаи пардае, яъне ҷисми Худ, аз нав кушодааст,

21 Ва модоме ки мо Коҳини муаззаме бар хонаи Худо дорем,

22 Пас бо дили соф ва бо имони комил, дилҳои худро ба воситаи пошидан аз виҷдони шарири мо татҳир намуда ва ҷисми худро дар оби пок ғусл дода, наздик оем,

23 Ва зътирофи умеди худро собитқадамона нигоҳ дорем, зеро ки Ваъдадиҳанда амин аст;

24 Ва диққат кунем, ки якдигарро ба муҳаббат ва аъмоли нек барангезонем,

25 Ва ҷамъомади худро тарк накунем, чунон ки баъзе касонро таомул шудааст, балки якдигарро насиҳат диҳем, ва бештар ба қадри он ки шумо наздик шудани он рӯзро мебинед.

Қурбониҳои яҳудиён аҳамияти худро гум кардааст, ва одил бо имон хоҳад зист.

26 Зеро, агар мо, пас аз пайдо кардани дониши ростӣ, худсарона гуноҳ кунем, — дигар қурбоние барои кафорати гуноҳ боқӣ намемонад,

27 Балки кадом як интизории пурдаҳшати доварӣ ва шиддати оташе ки хасмҳоро ба коми худ хоҳад кашид.

28 Агар касе шариати Мусоро рад мекард, дар асоси баёноти ду ё се шоҳид бе марҳамат ба қатл расонда мешуд,

29 Пас, ба гумонатон, сазовори чӣ қадар ҷазои сахттар хоҳад буд шахсе ки Писари Худоро поймол мекунад ва Хуни аҳдро, ки аз он тақдис ёфтааст, азиз намедорад ва Рӯҳи файзро таҳқир менамояд?

30 Зеро мо Ӯро мешиносем, ки гуфтааст: «Интиқом аз ҷониби Ман аст, Ман сазо хоҳам дод, мегӯяд Худованд». Ва боз: «Худованд қавми Худро доварӣ хоҳад кард».

31 Ба дасти Худои Ҳай афтодан даҳшатангез аст!

32 Айёми пештараро ба хотир оваред, ки шумо, баъд аз равшан шудани фикратон, бори гарони уқубатҳоро бардоштед,

33 Дар ҳолате ки гоҳ худатон дар миёни ҳориҳо ва андӯҳҳо ба тамошогоҳе барои дигарон мубаддал мешудед, гоҳ шарики онҳое мегардидед, ки ба чунин аҳвол дучор шуда буданд;

34 Зеро ки шумо ба занҷирҳои ман низ ҳамдардӣ изҳор кардед, ва тороҷи дороии худро бо шодмонӣ қабул кардед, чун медонистед, ки шумо дар осмон молу мулки беҳтар ва бобақое доред.

35 Пас умеди худро тарк накунед, ки мукофоти бузурге ба он тааллуқ дорад.

36 Зеро шуморо сабр лозим аст, то ки иродаи Худоро иҷро намуда, ваъдаро ба даст оваред;

37 Зеро ки баъд аз андаке он Оянда хоҳад омад ва даранг нахоҳад кард.

38 Одил бо имон ҳоҳад зист; ва агар касе рӯй гардонад, ҷони Ман ба вай таваҷҷӯҳ нахоҳад кард.

39 Вале мо аз онҳо нестем, ки бармегарданд ва ба ҳалокат мерасанд, балки аз имондоронем, ки наҷот меёбанд.

11

БОБИ ЁЗДАҲУМ

Роҳҳои имони қадимиён.

1 Имон эътиқоди қавӣ ба чизҳоест, ки мо ба онҳо умед мебандем, ва боварӣ ба чизҳоест, ки намоён нестанд.

2 Зеро ки ба василаи он қадимиён шаҳодат пайдо кардаанд.

3 Бо имон мо дарк мекунем, ки оламҳо бо каломи Худо тартиб ёфтааст, ба тавре ки аз чизҳои нонамоён чизҳои намоён ба вуҷуд омадааст.

1. Замонҳои нахустпадарон.

4 Бо имон Ҳобил ба Худо, назар ба Қобил, қурбонии беҳтаре тақдим намуд; бо он ӯ шаҳодат пайдо кард, ки ӯ одил аст, чунон ки Худо дар бораи ҳадияҳои ӯ шаҳодат дод; бо он ӯ баъд аз мамоташ ҳанӯз ҳам сухан меронад.

5 Бо имон Ҳанӯх тавре кӯчонида шуд, ки мамотро надид; ва ӯ пайдо нашуд, чунки Худо ӯро кӯчонид. Зеро ки пеш аз кӯчонида шуданаш шаҳодат пайдо кард, ки ба Худо писанд омадааст.

6 Аммо бе имон ба назари Худо писанд омадан мумкин нест; зеро ҳар кӣ сӯи Худо меояд, бояд имон дошта бошад, ки Ӯ ҳаст, ва ба толибони Худ мукофот хоҳад дод.

7 Бо имон Нӯҳ дар хусуси чизе ки ҳанӯз намоён набуд, ваҳй ёфта, бо тарси Худо барои наҷот додани аҳли байти худ киштие бисохт; бо он ӯ ҷаҳонро маҳкум намуд ва вориси адолате гардид, ки аз имон аст.

2. Замонҳои сарқабилагон.

8 Бо имон Иброҳим итоат намуд ба даъвате дар бораи рафтан ба мамлакате ки мебоист мерос мегирифт, ва ӯ рафт, ва намедонист ба куҷо меравад.

9 Бо имон ӯ дар замини мавъуд, мисли замини бегона, ғарибона маскан гирифт, ва бо Исҳоқ ва Яъқуб, ки ҳамирсони ҳамон ваъда буданд, дар хаймаҳо зиндагӣ кард;

10 Зеро ӯ мунтазири шаҳре буд, ки таҳкурсии мустаҳкаме дорад, ва меъмору бинокори он Худост.

11 Бо имон худи Соро низ барои қабули насл қувват пайдо кард ва баъд аз фарсудагиаш зоид; зеро Ваъдадиҳандаро амин донист.

12 Бинобар ин аз як нафар, ки он ҳам мисли беҷон буд, ончунон бисьёр зоида шуданд, чунон ки ситораҳои осмон бисьёр аст, ва чунон ки реги лаби баҳр бешумор аст.

13 Ҳамаи инҳо дар имон мурданд ва ба муроди иҷрои ваъдаҳо нарасиданд, балки фақат аз дур онҳоро дида, шод шуданд ва эътироф карданд, ки бар замин мусофир ва ғарибанд;

14 Зеро онҳое ки чунин мегӯянд, нишон медиҳанд, ки дар ҷустуҷӯи ватане ҳастанд.

15 Ва агар ватанеро, ки аз он берун омада буданд, ба ёд меоварданд, фурсат доштанд, ки баргарданд;

16 Аммо иштиёқманди ватани беҳтаре буданд, ки он дар осмон аст; бинобар ин Худо ор намедонад, ки Худои онҳо хонда шавад: зеро ки Ӯ барои онҳо шаҳре муҳайё кардааст.

17 Бо имон Иброҳим, вақте ки озмуда шуд, Исҳоқро барои қурбонӣ тақдим намуд ва, бо вуҷуди он ки ваъдаҳо гирифта буд, писари ягонаи худро тақдим намуд,

18 Ки дар ҳаққи вай гуфта шуда буд: «Насли ту аз Исҳоқ хонда хоҳад шуд»;

19 Зеро ӯ фикр мекард, ки Худо қодир аст аз мурдагон низ эҳьё кунад; ба ин сабаб Исҳоқ ба таври тимсол аз мурдагон ба ӯ баргардонида шуд.

20 Бо имон Исҳоқ Яъқуб ва Эсовро барои оянда низ баракат дод.

21 Бо имон Яъқуб, пеш аз мурданаш, ҳар писари Юсуфро баракат дод ва бар сари асои худ такья намуда, саҷда кард.

22 Бо имон Юсуф, дар вақти вафоташ, хуруҷи банӣ Исроилро зикр намуд ва дар бораи устухонҳои худ васият кард.

3. Замонҳои Мусо ва Еҳушаъ ибни Нун.

23 Бо имон падару модари Мусо ӯро, чун таваллуд шуд, се моҳ пинҳон доштанд, зеро диданд, ки кӯдаки зебост, ва аз амри подшоҳ натарсиданд.

24 Бо имон Мусо, чун калонсол шуд, нахост, ки писари духтари фиръавн хонда шавад,

25 Ва бо қавми Худо уқубат кашиданро афзал донист аз он ки аз гуноҳ ҳаловати муваққатӣ дошта бошад,

26 Ва хории Масеҳро сарвати бузургтар аз ганҷҳои Миср ҳисоб кард; зеро ки ба мукофот назар медӯҳт.

27 Бо имон ӯ Мисрро тарк кард ва аз ғазаби подшоҳ натарсид; зеро ӯ, мисли он ки Нонамоёнро дида бошад, боматонат буд.

28 Бо имон ӯ фисҳ ва пошидани хунро ба амал овард, то ки несткунандаи нахустзодагон ба онҳо даст нарасонад.

29 Бо имон онҳо аз баҳри Қулзум, чун аз хушкӣ, гузаштанд, вале вақте ки мисриён ба гузаштан ҳаракат карданд, ғарк шуданд.

30 Бо имон деворҳои Ериҳӯ пас аз даврзании ҳафтрӯза фурӯ ғалтид.

31 Бо имон Роҳоби фоҳиша, ки ҷосусонро ба саломатӣ қабул карда буд, бо исьёнгарон ба ҳалокат нарасид.

4. Дертарин таърихи Исроил.

32 Боз чӣ гӯям? Вақтам кифоя намекунад барои он ки дар бораи Ҷидъӯн ва Бороқ ва Шимшӯн ва Йифтоҳ ва Довуд ва Самуил ва анбиё ҳикоят намоям,

33 Ки онҳо бо имон мамлакатҳоро мусаххар карданд, адлро ба амал оварданд, ба ваъдаҳо муваффақ шуданд, даҳони шеронро бастанд,

34 Қуввати оташро хомӯш карданд, аз дами шамшер халосӣ ёфтанд, аз заъф боқувват шуданд, дар ҷанг қавӣ гардиданд, фавҷҳои бегонаҳоро торумор карданд;

35 Занон мурдаҳои худро эҳьёшуда ёфтанд; вале дигарон аз шиканҷа нобуд шуданд ва озодиро қабул накарданд, то ки ба эҳьёи беҳтаре ноил гарданд;

36 Ва баъзеи дигарон ҳақоратҳо ва шаллоқро, ҳамчунин занҷирҳо ва зиндонро аз сар гузаронданд.

37 Сангсор шуданд, бо арра дупора гардиданд, ба шиканҷа гирифтор шуданд, аз дами шамшер мурданд; пӯстҳои гӯсфанду буз дар тан сарсону саргардон шуда, мӯҳтоҷӣ, тангӣ ва уқубат кашиданд;

38 Онҳое ки ҷаҳон лоиқашон набуд, дар биёбонҳо ва кӯҳҳо, дар мағораҳо ва дараҳои замин овора шуда гаштанд.

39 Ва ҳамаи онҳо, ки ба хотири имон шӯҳрат пайдо карда буданд, ваъдаро соҳиб нашуданд,

40 Чунки Худо барои мо чизи беҳтаре пешбинӣ намуда буд, то ки онҳо бе мо комил нагарданд.

12

БОБИ ДУВОЗДАҲУМ

Роҳи имони масеҳиён дар замонҳои уқубатҳо ва ҳарбу зарбҳо.

1 Бинобар ин мо низ, ки дар гирди худ чунин абри шоҳидонро дорем, ҳар бори гарон ва гуноҳро, ки моро фаро мегирад, аз худ дур андохта, майдони дар пеши мо бударо бо сабр давон‐давон тай кунем

2 Ва ба Сарвар ва Комилкунандаи имони мо, яъне Исо, назар дӯзем, ки Ӯ ба ҷои шодие ки Ӯро дар пеш буд, ба хорӣ беэътиноӣ намуда, ба салиб тоб овард ва ба ямини тахти Худо бинишаст.

3 Дар бораи Ӯ фикр кунед, ки аз дасти гуноҳкорон ба чунин хорӣ тоб овард, то ки шумо дар ҷонҳои худ хаста ва суст нашавед.

4 Дар талоши зидди гуноҳ шумо ҳанӯз то ба дараҷаи рехтани хун муқобилият накардаед

5 Ва он насиҳатро, ки ба шумо, ҳамчун ба писарон гуфта шудааст, фаромӯш кардаед:

«Эй писарам! Ба ҷазои Худованд беэътиноӣ накун, ва ҳангоме ки Ӯ туро мазаммат намояд, маъюс нашав;

6 Зеро ки Худованд ҳар киро дӯст дорад, ҷазо медидиҳад;

ҳар писари писандидаи Худро мезанад».

7 Агар ба ҷазо тоб оваред, Худо бо шумо, чун бо писарон, рафтор мекунад. Зеро, оё писаре ҳаст, ки падараш ӯро ҷазо надиҳад?

8 Аммо агар шумо бе ҷазо монед, ки он насибаи ҳама аст, пас шумо ҳаромзодагонед, на писарон.

9 Илова бар ин, барои мо, ки аз падарони ҷисмонӣ ҷазо ёфта, аз онҳо метарсем, оё лозим нест, ки ба Падари рӯҳҳо хеле зиёдтар итоат намоем, то ки зист кунем?

10 Зеро ки онҳо моро ба салоҳдиди худашон барои айёми андак ҷазо медоданд, аммо Ӯ ин корро ба манфиати мо, то ки дар қудсияти Ӯ ширкат дошта бошем, анҷом медиҳад.

11 Ҳар ҷазо дар замони ҳозира ба назари кас на шодӣ, балки андӯҳ менамояд; лекин оқибат ба онҳое ки ба воситаи он таълим ёфтаанд, самари осоиштаи адолатро меоварад.

Бе қудсият ҳеҷ кас Худовандро нахоҳад дид.

Дар бораи ҷалоли Аҳди Ҷадид.

12 Пас, дастҳои беқувват ва зонуҳои бемаҷолро қавӣ кунед

13 Ва барои пойҳои худ роҳҳои рост кушоед, то он чи мелангад, бероҳа нагардад, балки ба хубӣ шифо ёбад.

14 Осоиштагиро бо ҳама пеша кунед ва қудсиятро толиб бошед, ки бе он ҳеҷ кас Худовандро нахоҳад дид,

15 Ва бохабар бошед, ки мабодо касе аз файзи Худо маҳрум шавад; мабодо решаи талхе ба вуҷуд омада, осеб расонад, ва бисьёр касон аз он палид шаванд,

16 Мабодо зинокоре ё осие ёфт шавад, ки мисли Эсов барои як таом аз нахустзодагии худ даст кашад.

17 Зеро шумо медонед, ки баъд аз он ӯ, чун хост вориси баракат гардад, рад карда шуд: тафаккури падарро дигаргун карда натавонист, гарчанде ки дар ин ҳусус ашк рехта илтимос намуд.

18 Шумо наздик наомадаед ба кӯҳе ки ламсшаванда ва оташфишон аст, ба торикӣ ва зулмот ва тундбод,

19 Ё ба овози карнай ва садои суханон, ки шунавандагонаш илтимос карданд, ки ба онҳо дигар сухане гуфта нашавад,

20 Зеро ба он тоб оварда натавонистанд, ки амр фармуда шуда буд: «Агар ҳайвоне низ ба кӯҳ бирасад, сангсор ё тирборон хоҳад шуд».

21 Ва ин манзара он қадар даҳшатангез буд, ки Мусо гуфт: «Ман тарсону ларзон шудам».

22 Балки шумо наздик омадаед ба кӯҳи Сион ва ба шаҳри Худои Ҳай, ба Ерусалими осмонӣ ва беварҳои фариштагон,

23 Ва ба анҷумани пуртантана ва Калисои нахустзодагоне ки дар афлок навишта шудаанд, ва ба Худое ки Довари ҳама аст, ва ба арвоҳи одилоне ки ба камол расидаанд,

24 Ва ба Исо, ки Миёнарави аҳди ҷадид аст, ва ба Хуни пошиданӣ, ки назар ба хуни Ҳобил хубтар сухан мегӯяд.

25 Бохабар бошед, ки шумо низ аз сухангӯ рӯ нагардонед. Зеро, агар онҳое ки бар замин ба сухангӯ гӯш наандохтанд, аз ҷазо раҳо нашудаанд, пас алалхусус мо, агар аз Ӯ, ки аз осмон сухан мегӯяд, рӯ гардонем, раҳо наҳоҳем шуд.

26 Дар он вақт овози Ӯ заминро ба ларза андохта буд, ва Ӯ ҳоло чунин ваъда додааст: «Боз як бори дигар на танҳо заминро, балки осмонро низ ба ларза хоҳам андохт».

27 Ибораи «боз як бори дигар» маънои онро дорад, ки чизҳое ки ба ларза меафтад, ҳамчун чизҳои офаридашуда, аз миён хоҳад рафт, то чизҳое ки ба ларза намеафтад, боқӣ монад.

28 Пас мо малакутеро, ки ба ларза намеафтад, қабул намуда, файзро маҳфуз хоҳем дошт ва бо он Худоро ба таври писандида бо таъзиму такрим ва тарс ибодат хоҳем кард,

29 Чунки Худои мо оташи фурӯбаранда аст.

13

БОБИ СЕЗДАҲУМ

Пандҳо ва баракоти хотимавии ҳавворӣ барои имондорон.

1 Бигзор бародардӯстӣ барқарор бошад.

2 Меҳмоннавозиро фаромӯш накунед, зеро ки ба воситаи он баъзе касон, нодониста, фариштагонро меҳмоннавозӣ кардаанд.

3 Бандиёнро ба ёд оваред, гӯё ки шумо низ бо онҳо дар занҷирҳо бошед, ва ситамкашонро, мисли он ки худатон бо онҳо як ҷисм мебошед.

4 Бигзор никоҳ аз ҳар ҷиҳат ҳалол бошад, ва ҷойхоби он беайб; зеро ки зинокорон ва фосиқонро Худо доварӣ хоҳад кард.

5 Хулқатон аз зарпарастӣ дур бошад, ва бо он чи доред, қаноат кунед. Зеро ки Худи Ӯ гуфтааст: «Туро тарк нахоҳам кард ва туро нахоҳам партофт»,

6 Бинобар ин мо метавонем далерона бигӯем:

«Худованд мададгори ман аст, ва ҳаросон нахоҳам шуд:

одамизод ба ман чӣ метавонад бикунад?»

7 Сардорони худро, ки каломи Худоро ба шумо мавъиза кардаанд, ба ёд оваред: ба анҷоми рафтори онҳо назар карда, ба имонашон тақлид намоед.

8 Исои Масеҳ дирӯз ва имрӯз ва то абад айни ҳамон аст.

9 Ба таълимоти гуногун ва бегона моил нашавед; зеро хуб аст, ки дилҳо бо файз қавӣ гардад, на бо таомҳо, ки аз онҳо касони пурхӯр манфиате надидаанд.

10 Мо қурбонгоҳе дорем, ки ҳизматгузорони хайма ҳақ надоранд аз он чизе бихӯранд.

11 Ҷасади ҳайвоноте ки хунашонро саркоҳин барои кафорати гуноҳ ба қудс меоварад, берун аз бошишгоҳ сӯзонида мешавад, —

12 Бинобар ин Исо низ, барои он ки одамонро бо Хуни Худ тақдис намояд, берун аз дарвоза уқубат кашид.

13 Пас, хории Ӯро бардошта, берун аз бошишгоҳ сӯи Ӯ бароем;

14 Зеро дар ин ҷо шаҳри доимие надорем, балки ояндаро ҷустуҷӯ менамоем.

15 Бинобар ин ҳамеша ба василаи Ӯ қурбонии шукронаро ба Худо тақдим менамоем, яъне самараи лабҳоеро, ки ба исми Ӯ ҳамду сано мехонанд.

16 Инчунин инсондӯстӣ ва саховатро аз хотир набароред, зеро ки ин гуна қурбониҳо ба Худо писанд меояд.

17 Ба сардорони худ фармонбардор ва мутеъ бошед, зеро онҳо ҳамеша ғами ҷонҳои шуморо мехӯранд, чунки ба ҳисобот додан вазифадор мебошанд; то ки онҳо ин вазифаро бо шодӣ ба ҷо оваранд, на бо оҳу нола, зеро ки ин барои шумо фоиданок нест.

18 Дар ҳаққи мо дуо гӯед; зеро мо яқин медонем, ки виҷдони нек дорем, чунки дар ҳар бобат мехоҳем ҳалолкорона рафтор кунем.

19 Ва махсусан ба ҷо овардани инро илтимос менамоям, то ки ман зудтар назди шумо баргардонида шавам.

20 Ва Худои осоиштагӣ, ки Чӯпони бузурги гӯсфандон — Исои Худованди моро бо хуни аҳди абадӣ аз мурдагон ба по хезонд,

21 Бигзор шуморо дар ҳар кори нек барои иҷрои иродаи Ӯ комил гардонад ва он чи ба Ӯ писандида бошад, дар шумо ба василаи Исои Масеҳ ба амал оварад, ки Ӯро то абад ҷалол бод! Омин.

22 Аз шумо, эй бародарон, илтимос менамоям, ки ин каломи насиҳатро қабул кунед, зеро ки ба шумо мухтасар низ навиштаам.

23 Бидонед, ки бародари мо Тимотиюс озод шуд; ва агар ӯ зуд биёяд, ҳамроҳи ӯ ба дидани шумо хоҳам омад.

24 Ба ҳамаи сардорони худ ва ба ҳамаи муқаддасон салом расонед. Итолиявиён ба шумо салом мерасонанд.

25 Файз бо ҳамаи шумо бод. Омин.