КИТОБИ
ҲАҶҶАИ НАБӢ
1БОБИ ЯКУМ
Сабаб ва мавзӯи нубувват.
1 Дар соли дуюми подшоҳ Дорьёвеш, дар рӯзи якуми моҳи шашум, каломи Худованд ба воситаи Ҳаҷҷаи набӣ нозил шуда, ба волии Яҳудо Зарубобил ибни Шаалтиил ва ба саркоҳин Еҳушаъ ибни Еҳӯсодоқ гуфт:
2 Худованди лашкарҳо сухан ронда, чунин гуфт: «Ин қавм мегӯянд: „Ҳанӯз вақти он нест, яъне вақти бино кардани хонаи Худованд нарасидааст“».
Худованд барои сустии суръати сохтмони маъбад мазаммат менамояд.
3 Ва каломи Худованд ба воситаи Ҳаҷҷаи набӣ нозил шуда, гуфт:
4 «Оё барои шумо вақти он аст, ки худатон дар хонаҳои болопӯшидаи худ сокин шавед, валекин ин хона хароб бошад?
5 Ва акнун Худованди лашкарҳо чунин мегӯяд: дилҳои худро бар роҳҳои худ нигаронед.
6 Бисьёр кишт мекунед, вале ҳосили кам мебардоред; мехӯред, вале сер намешавед; менӯшед, вале на ба қадри кофӣ; либос мепӯшед, вале он гармӣ надорад; ва ҳар кӣ муздурӣ мекунад, музди худро гӯё дар ҳамьёни сӯрохдор мегузорад.
7 Худованди лашкарҳо чунин мегӯяд: ба пешомади зиндагии худ хуб таваҷҷӯҳ кунед.
8 Ба кӯҳ баромада, чӯб биёред ва хонаро бино кунед; ва Ман ба он таваҷҷӯҳ намуда, ҷалол хоҳам ёфт, мегӯяд Худованд.
9 Бисьёрро мунтазир мешавед, ва инак кам аст, ва онро ба хона меоваред — Ман онро барбод медиҳам. Аз барои чӣ? — мегӯяд Худованди лашкарҳо. — Аз барои хонаи Ман, ки хароб аст, ва ҳол он ки шумо ҳар яке ба кори хонаи худ машғулед.
10 Бинобар ин осмон бар шумо шабнамро бас кардааст, ва замин ҳосилашро бас кардааст.
11 Ва Ман бар замин ва кӯҳҳо, ва бар ғалла ва шираи ангур ва равғани зайтун, ва бар ҳар он чи замин мерӯёнад, ва бар одамизод ва чорпоён, ва бар ҳар он чи аз меҳнати дастҳо ҳосил мешавад, хушксолиро хондаам».
Корҳои сохтмон аз нав оғоз ёфт.
12 Ва Зарубобил ибни Шаалтиил, ва саркоҳин Еҳушаъ ибни Еҳӯсодоқ, ва тамоми бақияи қавм ба овози Худованд Худои худ ва ба суханони Ҳаҷҷаи набӣ, ки ӯро Худованд Худои онҳо фиристода буд, гӯш андохтанд, ва қавм аз Худованд тарсиданд.
13 Ва Ҳаҷҷай, қосиди Худованд, ки аз ҷониби Худованд фиристода шуда буд, ба қавм сухан ронда, гуфт: «Ман бо шумо ҳастам, мегӯяд Худованд».
14 Ва Худованд рӯҳи волии Яҳудо Зарубобил ибни Шаалтиил, ва рӯҳи саркоҳин Еҳушаъ ибни Еҳӯсодок, ва рӯҳи бақияи қавмро барангехт, ва онҳо омада, дар хонаи Худованди лашкарҳо, Худои худ, ба кор шурӯъ карданд.
15 Дар рӯзи бисту чоруми моҳи шашум, дар соли дуюми подшоҳ Дорьёвеш ин ба вуқӯъ омад.
2БОБИ ДУЮМ
Нубувват дар бораи ҷалоли ояндаи маъбади Худо ва дар бораи Масеҳ.
1 Дар рӯзи бисту якуми моҳи ҳафтум каломи Худованд ба воситаи Ҳаҷҷаи набӣ нозил шуда, гуфт:
2 «Лутфан, ба волии Яҳудо Зарубобил ибни Шаалтиил, ва ба саркоҳин Еҳушаъ ибни Еҳӯсодоқ, ва ба бақияи қавм сухан ронда, бигӯй:
3 „Кист, ки дар миёни шумо боқӣ мондааст, ва ин хонаро дар ҷалоли аввалаи он дидааст? Ва он алҳол дар назари шумо чӣ гуна аст? Оё он дар назари шумо ночиз нест“?
4 Валекин алҳол устувор бош, эй Зарубобил, мегӯяд Худованд, ва устувор бош, эй саркоҳин Еҳушаъ ибни Еҳӯсодоқ, ва устувор бошед, эй тамоми қавми замин, мегӯяд Худованд, ва кор кунед, зеро ки Ман бо шумо ҳастам, мегӯяд Худованди лашкарҳо,
5 Бар тибқи каломи аҳде ки дар вақти берун омаданатон аз Миср бо шумо баста будам, ҳангоме ки Рӯҳи Ман андаруни шумо буд. Ҳаросон набошед!
6 Зеро ки Худованди лашкарҳо чунин мегӯяд: боз як бори дигар, он ҳам баъд аз андак вақт, воқеъ хоҳад шуд, ва Ман осмон ва замин ва баҳр ва хушкиро ба ларза хоҳам андохт.
7 Ва ҳамаи халқҳоро ба ларза хоҳам овард, ва неъматҳои ҳамаи халқҳо оварда хоҳад шуд, ва Ман ин хонаро аз ҷалол пур хоҳам кард, мегӯяд Худованди лашкарҳо.
8 Нуқра барои Ман аст, ва тилло барои Ман аст, мегӯяд Худованди лашкарҳо.
9 Ҷалоли ин хонаи охирин назар ба аввалинаш бузургтар хоҳад буд, мегӯяд Худованди лашкарҳо; ва дар ин макон Ман сулҳу осоиштагиро барқарор хоҳам намуд, мегӯяд Худованди лашкарҳо».
Худованд бевиҷдонии коҳинонро мазаммат менамояд.
10 Дар рӯзи бисту чоруми моҳи нӯҳум, дар соли дуюми Дорьёвеш, каломи Худованд ба воситаи Ҳаҷҷаи набӣ нозил шуда, гуфт:
11 «Худованди лашкарҳо чунин мегӯяд: лутфан, аз коҳинон дастуре пурсида, бигӯй:
12 „Агар касе гӯшти муқаддасро дар домани ҷомаи худ бардорад, ва бо доманаш ба нон, ё ош, ё шароб, ё равған ва ё ба ҳар хӯрок бирасад, оё он муқаддас мешавад?“» Ва коҳинон ҷавоб гардонда, гуфтанд: «Не».
13 Ва Ҳаҷҷай гуфт: «Агар касе ки ба ҷасади мурда расида наҷис шуда бошад, ба ҳар яке аз инҳо бирасад, оё он наҷис мешавад?» Ва коҳинон ҷавоб гардонда, гуфтанд: «Наҷис мешавад».
14 Ва Ҳаҷҷай ҷавоб гардонда, гуфт: «Чунинанд ин қавм ва чунинанд ин халқ ба ҳузури Ман, мегӯяд Худованд, ва чунин аст ҳар амали дастҳои онҳо; ва ҳар он чи дар он ҷо қурбонӣ кунанд, наҷис аст.
15 Ва акнун, лутфан, аз имрӯз ва минбаъд хуб таваҷҷӯҳ кунед, яъне аз вақте ки ҳанӯз санге бар санге дар қасри Худованд гузошта нашуда буд.
16 Баъзан мешуд, ки касе назди хирмани дорои бист андоза меомад, вале фақат даҳ андоза буд; ё назди чархушт меомад, то ки панҷоҳ андоза бигирад, вале фақат бист андоза буд.
17 Шуморо дар ҳар амали дастҳои шумо бо боди самум ва хушкоӣ ва жола зарба задам, вале шумо сӯи Ман руҷӯъ накардед, мегӯяд Худованд.
18 Лутфан, аз имрӯз минбаъд хуб таваҷҷӯҳ кунед, яъне аз рӯзи бисту чоруми моҳи нӯҳум, аз рӯзе ки буньёди қасри Худованд ниҳода шуд, хуб таваҷҷӯҳ кунед.
19 Оё ҳанӯз тухмӣ дар анбор аст, ва ҳанӯз ток, ва анҷир, ва анор, ва дарахти зайтун бор наовардааст? Ман аз имрӯз баракат хоҳам дод».
20 Ва каломи Худованд бори дуюм дар рӯзи бисту чоруми моҳ бар Ҳаҷҷай нозил шуда, гуфт:
21 «Ба волии Яҳудо Зарубобил сухан ронда, бигӯй: „Ман осмон ва заминро ба ларза хоҳам андохт;
22 Ва тахти мамлакатҳоро сарнагун хоҳам сохт, ва қуввати мамлакатҳои халқҳоро маҳв хоҳам намуд, ва аробаро бо саворонаш чаппа хоҳам кард, ва аспон бо саворонашон аз шамшери якдигар фурӯ хоҳанд ғалтид.
23 Дар он рӯз, мегӯяд Худованди лашкарҳо, Ман туро, эй бандаи Ман Зарубобил ибни Шаалтиил, хоҳам гирифт, мегӯяд Худованд, ва туро мисли мӯҳре хоҳам гузошт, зеро ки Ман туро баргузидаам, мегӯяд Худованди лашкарҳо“».