КИТОБИ

ҲАБАҚҚУҚИ НАБӢ

1

БОБИ ЯКУМ

Дуои Ҳабаққуқ, мусибатҳои Исроил дар замони парокандагӣ.

1 Ваҳйе ки Ҳабаққуқи набӣ дидааст.

2 То ба кай, эй Худованд, истиғоса намоям, —

ва Ту иҷобат намекунӣ,

сӯи Ту дар бораи ситам фарьёд занам, —

ва Ту наҷот намедиҳӣ?

3 Чаро ҷафоро ба ман нишон медиҳӣ,

ва ба хабосат назар меандозӣ,

дар сурате ки тороҷ ва ситам дар рӯ ба рӯи ман аст,

ва ҷангу ҷидол ба миён меояд ва ситезакорӣ сар мебардорад?

4 Аз ин сабаб шариат беэътибор мешавад,

ва инсоф ҳаргиз ба амал намебарояд,

зеро ки шарир одилро мулзам мекунад,

бинобар ин инсоф ба роҳи каҷ меравад.

Овози Худованд ба қавме ки дар парокандагӣ мебошанд.

5 «Дар миёни халқҳо назар андозед ва бубинед, ва хело мутаҳайир хоҳед шуд,

зеро дар айёми шумо Ман амале ба ҷо меоварам,

ки агар ба шумо онро ҳикоят мекарданд, боваратон намеомад.

6 Зеро инак, Ман калдониёнро,

ки халқи сангдил ва тундмизоҷанд, бармехезонам,

ки онҳо дар фарохиҳои замин мегарданд,

то масканҳоеро, ки аз они худашон нест, забт намоянд.

7 Онҳо мудҳиш ва саҳмгин мебошанд:

ҳукм ва шавкати онҳо аз худашон ба вуҷуд меояд.

8 Ва аспони онҳо аз палангон чобуктар,

ва аз гургони шаб далертаранд,

ва саворони онҳо сершуморанд,

ва саворони онҳо аз дурдаст меоянд,

мисли уқобе ки сӯи шикори худ мешитобад, парида меоянд.

9 Саросар барои ситам меоянд,

дар ҳолате ки рӯяшон ба пеш нигаронида шудааст,

ва асиронро мисли рег ҷамъ мекунанд.

10 Ва онҳо подшоҳонро масхара медоранд,

ва сарварон барои онҳо асбоби бозӣ мебошанд;

онҳо бар ҳар қалъа механданд,

ва хоктӯдае барпо карда, онро забт менамоянд.

11 Он гоҳ мисли боде вазида ба макони дигар мегузаранд

ва гуноҳкор мешаванд,

чунки ин қуввати худро ба худои худ нисбат медиҳанд».

Набӣ Худовандро мадҳ мегӯяд.

12 Ту, охир, аз азал вуҷуд дорӣ,

эй Худованд Худои ман, эй Қуддуси ман!

Пас мо нахоҳем мурд.

Ту, эй Худованд, онҳоро барои доварӣ таъин намудаӣ,

ва Ту, эй сахраи ман, онҳоро барои ҷазо додан ба вуҷуд овардаӣ.

13 Чашмони Ту он қадар пок аст, ки наметавонӣ шароратро бубинӣ

ва ба хабосат назар андозӣ;

пас чаро ба ғаддорон назар меандозӣ,

ва ҳангоме ки шарир шахси аз худаш одилтарро фурӯ мебарад, хомӯш мемонӣ?

14 Ва одамонро мисли моҳиёни баҳр,

мисли хазандагоне ки ҳокиме надоранд, мегардонӣ?

15 Вай ҳамаи онҳоро бо шаст мекашад,

ба тӯри худ медарорад ва дар доми худ ҷамъ мекунад,

аз ин сабаб шод ва хурсанд мешавад.

16 Бинобар ин барои тӯри худ қурбонӣ мекунад,

ва барои доми худ бухур месӯзонад,

зеро ки насибаи вай аз онҳо равғанин,

ва хӯроки вай болаззат гардидааст.

17 Оё аз ин сабаб нест, ки вай тӯри худро холӣ карда меистад

ва ҳамеша халқҳоро бераҳмона мекушад?

2

БОБИ ДУЮМ

Худованд ба Хабаққуқ дар рӯъё ҷавоб мегардонад.

1 Дар дидбонгоҳи худ бармехезам,

ва дар бурҷ рост меистам, ва интизорӣ мекашам,

то бубинам, ки Ӯ ба ман чӣ хоҳад гуфт,

ва ман дар бораи шикояти худ чӣ ҷавоб хоҳам дод.

2 Ва Худованд ба ман ҷавоб гардонда, гуфт:

«Рӯъёро бинавис ва бар лавҳҳо ҳак намо,

то ки хонанда онро бо тезӣ бихонад.

3 Зеро ки рӯъё барои мӯҳлати муайян аст,

ва аз фарҷом шаҳодат медиҳад, ва дурӯғ намегӯяд;

агар даранг кунад, онро мунтазир шав,

зеро ки ҳатман ба амал хоҳад омад, таъхир нахоҳад кард.

4 Инак, каҷдил мағрур шудааст,

валекин одил бо имони худ хоҳад зист.

5 Дуруст аст, ки майзада ғаддор аст,

ва ин марди мағрур оромӣ надорад;

ҳирсашро мисли дӯзах калон мекунад,

ва мисли марг сериро намедонад,

ва ҳамаи халқҳоро пеши худ ҷамъ мекунад,

ва ҳамаи қавмҳоро пеши худ фароҳам меоварад».

6 Ҳамаи инҳо, охир, дар ҳаққи вай масале хоҳанд зад,

ва муаммои истеҳзоомезе ба забон ронда, хоҳанд гуфт:

«Вой ба ҳоли касе ки он чиро, ки аз они худаш

нест, афзун мекунад, — то ба кай? —

ва худро зери бори гаравҳо мегузорад!»

7 Даъвогарони ту, охир, баногоҳ қиём хоҳанд кард,

ва ташвишдиҳандагони ту бедор хоҳанд шуд,

ва ту ба тороҷи онҳо дучор хоҳӣ омад.

8 Азбаски ту халқҳои зиёдро ғорат кардӣ,

тамоми бақияи қавмҳо туро ғорат хоҳанд кард,

аз барои хуни одамон, ки рехтӣ, ва ситаме ки дар ҳаққи замин,

ва шаҳр ва ҳамаи сокинони он ба амал овардӣ.

9 Вой ба ҳоли касе ки барои хонаи худ бо роҳи бадӣ дороӣ меандӯзад,

то ки лонаи худро дар баландӣ барпо намуда,

худро аз дасти шарорат раҳо кунад!

10 Расвоиро барои хонаи худ салоҳ дидӣ,

вақте ки қавмҳои зиёдро несту нобуд кардӣ, —

ва ҷони худро дар роҳи гуноҳ андохтӣ.

11 Зеро ки санг аз девор фарьёд мезанад,

ва ғӯлаи чӯб ба он ҷавоб мегардонад.

12 Вой ба ҳоли касе ки шаҳрро бо хун бино мекунад,

ва қасабаро бо беинсофӣ буньёд менамояд!

13 Ин, охир, аз ҷониби Худованди лашкарҳост!

Ва қавмҳо аз барои оташ меҳнат мекунанд,

ва қабилаҳо бар абас хаста мешаванд.

14 Зеро ки замин аз шинохтани ҷалоли Худованд пур хоҳад шуд,

чунон ки об баҳрро пур мекунад.

15 Вой ба ҳоли касе ки ёрони худро шароб менӯшонад,

ва ту заҳри худро ба он илова намуда,

онҳоро маст мегардонӣ, то ки аврати онҳоро бубинӣ!

16 Ту ба ҷои ҷалол аз нанг сер шудаӣ,

пас ту низ нӯшида, заҳролуд шав:

косаи ямини Худованд бар ту фурӯд хоҳад омад,

ва расвоӣ — бар ҷалоли ту.

17 Зеро ситаме ки дар ҳаққи Лубнон кардӣ, ба сари худат хоҳад омад,

ва ҳалокате ки бар чорпоён овардӣ, боиси шикасти ту хоҳад шуд,

аз барои хуни одамон, ки рехтӣ, ва ситаме ки дар ҳаққи замин,

ва шаҳр ва ҳамаи сокинони он ба амал овардӣ.

18 Чӣ фоида аст аз санаме ки санамсозаш онро ба вуҷуд овардааст,

дар сурате ки он фақат бут ва муаллими козиб аст,

агарчи сонеи ин маснӯъ ба он таваккал карда,

бутҳои гунг сохтааст?

19 Вой ба ҳоли касе ки ба чӯб бигӯяд: «Бедор шав!»

ва ба санги безабон: «Бархез!»

Оё он метавонад таълим диҳад?

Инак, он бо тилло ва нуқра пӯшида шудааст,

вале рӯҳе андарунаш нест.

20 Валекин Худованд дар қасри қудси Худ сокин аст, —

бигзор ба ҳузури Ӯ тамоми замин хомӯш бошад!

3

БОБИ СЕЮМ

Дуои набӣ пур аз умедвории шодиёна аст.

1 Дуои Ҳабаққуқи набӣ бар услуби суруди ҷонсӯз.

2 Худовандо! Овозатро шунидам — ҳаросон шудам.

Худовандо! Амали Худро дар солҳои наздик зинда намо,

дар солҳои наздик онро зоҳир бисоз;

дар вақти ғазаб раҳмро ба ёд овар.

3 Худо аз Темон меояд, ва Куддус — аз Форон. Село.

Шукӯҳи Ӯ осмонро фаро гирифтааст,

ва ҷалоли Ӯ заминро пур кардааст.

4 Ва дурахши Ӯ мисли найир аст, шуоъҳо аз дасти Ӯст,

ва ниҳонгоҳи ҷалоли Ӯ дар он ҷост.

5 Пешопеши Ӯ вабо равон аст,

ва аз паси қадамҳояш аланга берун меояд.

6 Чун биистад — заминро ба ҷунбиш меоварад;

чун назар афканад — халқҳоро ба ларза меандозад;

ва кӯҳҳои азалӣ метаркад, пуштаҳои абадӣ паст мешавад;

тариқҳои Ӯ ҷовидонист.

7 Хаймаҳои Кушонро зери бори мусибат дидам;

чодирҳои замини Мидьёнро ларза гирифтааст.

8 Оё бар наҳрҳо ғазаби Худованд аланга гирифтааст?

Оё хашми Ту ба наҳрҳо,

ва қаҳри Ту ба баҳрҳо нигаронида шудааст,

ки Ту бар аспони Худ,

бар аробаҳои наҷотбахши Худ савор шудаӣ?

9 Камони Худро аз ғилофаш бараҳна намуда,

анбӯҳи тирҳоро ба парвоз овардаӣ. Ӯмер село+ 3:9 Ӯмер село — ин ибора, аз афташ, ишораи мусиқиест, ки тағьири оҳангро мефаҳмонад..

Заминро бо наҳрҳо чок‐чок кардаӣ.

10 Кӯҳҳо Туро дида, ба ларза омад, селобҳо ҷорӣ шуд,

варта овозашро баровард, мавҷҳояшро боло бардошт.

11 Офтоб ва моҳ аз нури тирҳои паррони Ту,

аз дурахши найзаҳои барроқи Ту дар масканҳои худ истоданд.

12 Ту бо ғазаб бар замин қадам мезанӣ,

бо хашм халқҳоро поймол мекунӣ.

13 Барои наҷот додани қавми Худ,

барои наҷот додани Масеҳи Худ берун омадӣ;

бурҷи хонаи шарирро зада вайрон кардӣ,

онро аз буньёдаш то бомаш хароб намудӣ. Село.

14 Сари ҳокимони варо бо тирҳои худи вай маҷрӯҳ кардӣ,

вақте ки онҳо мисли тундбоде ҳамла оварданд, то ки

маро пароканда намоянд, дар айни хол шодии онҳо мисли он буд,

ки мискинеро ба таври пинҳонӣ фурӯ мебурда бошанд.

15 Бо аспонат дар баҳр аз даруни гирдоби

обҳои бисьёр барои Худ роҳ кушодӣ.

16 Чун шунидам, ботинамро ларза гирифт,

аз он садо лабҳоям ба раъша омад,

заъф то мағзи устухонҳоям ҷойгир шуд,

ва ман дар ҷои нишасти худ ба ларзиш омадам;

ва ҳол он ки дар интизори рӯзи тангӣ,

вақте ки қавме бо фавҷҳои худ бар мо ҳуҷум оваранд, ман бояд ором бошам:

17 Агарчи дарахти анҷир гул накунад, ва токҳо бор наоварад,

ва меваи зайтун мувофиқи чашмдошт набошад,

ва киштзорҳо ҳосил надиҳад,

ва гӯсфандон аз қӯра талаф шавад,

ва говҳо дар оғил мавҷуд набошад, —

18 Вале ман дар Худованд шод хоҳам буд,

ва дар Худои наҷоти худ ба ваҷд хоҳам омад.

19 Худованд Худо қуввати ман аст:

Ӯ пойҳои маро, мисли пойҳои оҳуён мегардонад,

ва маро бар баландиҳоям ҳидоят менамояд.

Барои сардори муғанниён бар созҳои торнок.