КИТОБИ

ҲИЗҚИЁЛИ НАБӢ

1

БОБИ ЯКУМ

Сарсухан.

1 Ва чунин воқеъ шуд, ки дар соли сиюм, дар рӯзи панҷуми моҳи чорум, вақте ки ман дар миёни ҷалои ватан шудагон назди наҳри Кабар будам, осмон кушода шуд, ва ман рӯъёҳои Худоро дидам.

Рӯъёи ҷалоли Худованд.

2 Дар рӯзи панҷуми моҳ, ки соли панҷуми ҷалои ватан шудани подшоҳ Еҳӯёкин буд,

3 Каломи Худованд бар Ҳизқиёл ибни Бузии коҳин дар замини калдониён назди наҳри Кабар нозил шуд; ва дасти Худованд дар он ҷо бар ӯ ниҳода шуд.

4 Ва ман дидам, ва инак боди тунде аз шимол вазид, ва абри бузург ва оташи фурӯзон, ва дурахше гирдогирдаш буд; ва аз дарунаш, яъне аз даруни оташ, чизе мисли барқ дурахшон буд.

5 Ва аз дарунаш сурати чор ҳайвон ба назар менамуд; ва намудашон чунин буд: онҳо монанди одамизод буданд.

6 Ва ҳар якеро чор рӯй буд; ва ҳар яке аз онҳо чор бол дошт.

7 Ва пойҳошон пои мустақим буд; ва кафи пойҳошон мисли кафи пои гӯсола буд, ва мисли миси сайқалдор медурахшид.

8 Ва дастҳои одамӣ аз таҳти болҳошон дар чор тарафашон намудор буд; ва ҳар чорашон рӯйҳои худ ва болҳои худро доштанд.

9 Болҳошон ба якдигар пайваста буд; дар вақти роҳ рафтанашон ба ин самту он самт рӯй намегардониданд, балки ҳар яке ба самти рӯ ба рӯи худ мерафтанд.

10 Ва сурати рӯйҳошон чунин буд: рӯйҳои одамӣ аз тарафи пеш, ва рӯйҳои шер аз тарафи рост дар ҳар чорашон, ва рӯйҳои гов аз тарафи чап дар ҳар чорашон, ва рӯйҳои уқоб аз тарафи ақиб дар ҳар чорашон.

11 Рӯйҳошон ҳамин гуна буд. Ва болҳошон чунон аз боло паҳн шуда буд, ки ду боли ҳар яке ба якдигар мепайваст, ва ду боли дигар баданҳошонро мепӯшонид.

12 Дар вақти роҳ рафтанашон рӯй намегардониданд, балки ҳар яке ба самти рӯ ба рӯи худ мерафтанд; ба ҳар ҷое ки рӯҳ мехост бираванд, мерафтанд.

13 Ва сурати ин ҳайвонҳо чунин буд: намудашон мисли ахгарҳои оташи сӯзон, мисли намуди машъалҳо; ин оташ дар фазои байни ҳайвонҳо дар ҳаракат буд, ва дурахше дошт, ва аз даруни оташ барқ мебаромад.

14 Ва ҳайвонҳо ин сӯю он сӯ мисли намуди барқ дар давиш буданд.

15 Ва чун ба ҳайвонҳо назар кардам, инак як чарх назди ҳар ҳайвони соҳиби чор рӯй бар замин буд.

16 Намуди чархҳо ва сохташон монанди забарҷад буд, ва ҳар чорашон як сурат доштанд; ва намуду сохти онҳо мисли он буд, ки гӯё чархе тақотӯи чарх бошад.

17 Онҳо чун роҳ мерафтанд, метавонистанд ба чор самти худ бираванд, бе он ки дар вақти рафтанашон рӯй гардонанд.

18 Ва чанбарҳошон хеле баланд ва воҳиманок буд, ва чанбарҳои ҳар чорашон гирдогирд пур аз чашмон буд.

19 Ва ҳангоме ки ҳайвонҳо роҳ мерафтанд, чархҳо низ назди онҳо роҳ мерафт; ва ҳангоме ки ҳайвонҳо аз замин баланд мешуданд, чархҳо низ баланд мешуд.

20 Ба ҳар ҷое ки рӯҳ мехост бираванд, мерафтанд; ва чархҳо низ баробари онҳо баланд мешуд, зеро ки рӯҳи ҳайвонҳо дар чархҳо буд.

21 Ҳангоме ки онҳо мерафтанд, инҳо низ мерафт, ва ҳангоме ки онҳо меистоданд, инҳо низ меистод; ва ҳангоме ки онҳо аз болои замин баланд мешуданд, чархҳо низ баробари онҳо баланд мешуд, зеро ки рӯҳи ҳайвонҳо дар чархҳо буд.

22 Ва сурати фалак бар сари ҳайвонҳо чунин буд: мисли булӯри саҳмгине бар сари онҳо аз боло паҳн шуда буд.

23 Ва зери фалак болҳои онҳо сӯи якдигар рост бардошта шуда буд; ҳар якеро ду бол аз он тараф мепӯшонид, ва ҳар якеро ду бол аз ин тарафи баданашон мепӯшонид.

24 Ва ҳангоме ки онҳо мерафтанд, ман садои болҳои онҳоро, ки мисли садои обҳои бисьёр, мисли садои Қодири Бечун, мисли садои ғалоғулаи лашкаргоҳ буд, шунидам; вақте ки онҳо меистоданд, болҳои худро мефуроварданд.

25 Ва аз болои фалак, ки бар сари онҳо буд, садое ба гӯш мерасид, вақте ки онҳо истода, болҳои худро мефуроварданд.

26 Ва дар фалаке ки бар сари онҳо буд, сурати тахте дида мешуд, ки намуди санги ёқути кабудро дошт; ва бар сурати тахт сурате мисли намуди одамизод бар болои он буд.

27 Ва чизе мисли барқ дурахшон дидам, ки доирае мисли намуди оташ гирдогирди он буд, — аз намуди камари ӯ ба тарафи боло; ва аз намуди камари ӯ ба тарафи поён мисли намуди оташ дидам, ва дурахше гирдогирдаш буд.

28 Чунон ки намуди рангинкамон дар абр дар рӯзи борон мешавад, намуди дурахш гирдогирдаш ончунон буд; ин — намуди сурати ҷалоли Худованд буд; ва ҳамин ки онро дидам, бар рӯи худ афтодам, ва овози Ӯро шунидам, ки сухан меронд.

2

БОБИ ДУЮМ

Даъват шудани набӣ ва аз Рӯҳ пур шудани ӯ.

1 Ва ба ман гуфт: «Эй писари одам! Бар пойҳои худ биист, ва Ман бо ту сухан хоҳам ронд».

2 Ва ҳангоме ки ба ман сухан меронд, Рӯҳи Худо ба ман дохил шуда, маро бар пойҳоям бархезонид, ва ман Ӯро, ки ба ман сухан меронд, шунидам.

Ба набӣ аз улув супориш дода шуд.

3 Ва ба ман гуфт: «Эй писари одам! Ман туро назди банӣ‐Исроил мефиристам, назди сибтҳои исьёнгаре ки ба Ман осӣ шудаанд; онҳо ва падаронашон пеши Ман то худи имрӯз гуноҳкор мебошанд,

4 Ва ин мардум рӯйнатан ва сахтдил ҳастанд, ва Ман туро назди онҳо мефиристам, то ки ба онҳо бигӯӣ: „Худованд Худо чунин мегӯяд“!

5 Ва онҳо хоҳ бишнаванд ва хоҳ аз шунидан рӯй тобанд, — зеро ки онҳо хонадони исьёнгар мебошанд, — вале хоҳанд донист, ки набие дар миёни онҳо буд.

6 Ва ту, эй писари одам, аз онҳо натарс ва аз суханони онҳо ҳаросон нашав, зеро ки хорҳо ва нешҳо дар гирди ту ҳастанд, ва ту дар миёни каждумон нишастаӣ; лекин аз суханони онҳо ҳаросон нашав ва аз рӯйҳои онҳо натарс, зеро ки онҳо хонадони исьёнгар мебошанд.

7 Ва суханони Маро ба онҳо бигӯй, хоҳ бишнаванд ва хоҳ аз шунидан рӯй тобанд, зеро ки онҳо исьёнгар мебошанд.

8 Вале ту, эй писари одам, он чиро, ки Ман ба ту мегӯям, бишнав; мисли ин хонадони исьёнгар осӣ нашав; даҳони худро бикшо ва он чиро, ки Ман ба ту медиҳам, бихӯр».

9 Ва ман назар кардам, ва инак дасте сӯи ман ёзонида шудааст, ва инак тӯморе дар он мебошад.

10 Ва онро пеши ман воз кард, ва рӯй ва пушти он навишта шуда буд, ва навҳа ва нола ва оҳу воҳ дар он навишта шуда буд.

3

БОБИ СЕЮМ

Ҳизқиёл ба вазифаи посбони хонадони Исроил гузошта шуд ва сазовори дидани ҷалоли Худованд гардид.

1 Ва ба ман гуфт: «Эй писари одам! Он чиро, ки меёбӣ, бихӯр; ин тӯморро бихӯр, ва рафта, ба хонадони Исроил бигӯй».

2 Ва ман даҳони худро кушодам, ва он тӯморро Ӯ ба ман хӯронид.

3 Ва ба ман гуфт: «Эй писари одам! Шиками худро бихӯрон ва амъои худро аз ин тӯморе ки Ман ба ту медиҳам, пур кун». Ва ман хӯрдам, ва дар даҳонам мисли асал ширин буд.

4 Ва ба ман гуфт: «Эй писари одам! Бархоста, назди хонадони Исроил бирав ва суханони Маро ба онҳо баён намо;

5 Зеро назди қавме ки нутқаш муғлақ ва забонаш душворфаҳм бошад, фиристода намешавӣ, балки назди хонадони Исроил;

6 На назди қавмҳои бисьёри нутқашон муғлақ ва забонашон душворфаҳм, ки суханонашонро наметавонӣ бифаҳмӣ; агар ҳатто назди онҳо туро мефиристодам, онҳо ба ту гӯш меандохтанд;

7 Валекин хонадони Исроил намехоҳанд ба ту гӯш андозанд, чунки намехоҳанд ба Ман гӯш андозанд, зеро ки тамоми хонадони Исроил пешонии сахт ва дили сангин доранд.

8 Инак Ман рӯи туро ба муқобили рӯи онҳо сахт, ва пешонии туро ба муқобили пешонии онҳо сахт гардонидаам.

9 Пешонии туро мисли алмосе ки аз санги хоро сахттар аст, гардонидаам; аз онҳо натарс ва аз рӯйҳошон ҳаросон нашав, зеро ки онҳо хонадони исьёнгар мебошанд».

10 Ва ба ман гуфт: «Эй писари одам! Ҳамаи суханони Маро, ки ба ту мегӯям, дар дили худ ҷой деҳ ва бо гӯшҳои худ бишнав,

11 Ва бархоста, назди ҷалои ватан шудагон, назди писарони қавми худ бирав, ва ба онҳо сухан ронда, бигӯй: „Худованд Худо чунин мегӯяд“! — хоҳ бишнаванд ва хоҳ аз шунидан рӯй тобанд».

12 Ва маро Рӯҳи Худо боло бардошт, ва аз ақиби худ садои ғулғулаи азиме шунидам: «Муборак аст ҷалоли Худованд аз макони Ӯ!»

13 Ва садои болҳои ҳайвонҳоро, ки ба ҳамдигар бармехӯрд, ва садои чархҳоро, ки назди онҳо буд, ва садои ғулғулаи азиме.

14 Ва Рӯҳи Худо маро бардошта бурд, ва ман бо талхӣ ва изтироби рӯҳи худ мерафтам, ва дасти Худованд бар ман қавӣ буд.

15 Ва назди ҷалои ватан шудагони Тал‐Абиб, ки дар соҳили наҳри Кабар сокин буданд, ва ба ҷойҳое ки онҳо менишастанд, омадам; ва он ҷо дар миёни онҳо ҳафт рӯз нишастам, дар ҳолате ки моту мабҳут будам.

16 Ва чунин воқеъ шуд, ки баъд аз гузаштани ҳафт рӯз каломи Худованд бар ман нозил шуда, гуфт:

17 «Эй писари одам! Ман туро барои хонадони Исроил дидбон таъин намудаам, ва ту каломро аз даҳони Ман шунида, онҳоро аз Ман огоҳ хоҳӣ намуд.

18 Ҳангоме ки Ман ба шарире бигӯям: „Албатта хоҳӣ мурд!“ — вале ту ӯро огоҳ накунӣ, ва сухане нагӯӣ барои он ки шарирро аз роҳи шариронаи ӯ огоҳ намоӣ, то ки ӯ зинда монад, он шарир дар гуноҳи худ хоҳад мурд, аммо хуни ӯро Ман аз дасти ту талаб хоҳам кард.

19 Валекин агар ту шариреро огоҳ намоӣ, ва ӯ аз шарорати худ ва аз роҳи шариронаи худ тавба накунад, ӯ дар гуноҳи худ хоҳад мурд, ва ту ҷони худро наҷот додаӣ.

20 Ва агар одиле аз адолати худ даст кашида, ноинсофона амал намояд, ва Ман санги пешпое пеши ӯ бигузорам, то ки ӯ бимирад, — азбаски ту ӯро огоҳ нанамудаӣ, ӯ дар гуноҳи худ хоҳад мурд, ва аъмоли одилонае ки ӯ ба ҷо овардааст, ба ёд оварда нахоҳад шуд, валекин хуни ӯро Ман аз дасти ту талаб хоҳам кард.

21 Ва ту агар одилеро огоҳ намоӣ, то ки он одил гуноҳ накунад, ва ӯ гуноҳ накарда бошад, ӯ албатта зинда хоҳад монд, чунки огоҳиро қабул кардааст, ва ту ҷони худро наҷот додаӣ».

Рӯъёи дуюми ҷалоли Худованд.

22 Ва дар он ҷо дасти Худованд бар ман ниҳода шуд, ва Ӯ ба ман гуфт: «Бархоста, сӯи даштрӯя бирав, ва дар он ҷо Ман бо ту сухан хоҳам ронд».

23 Ва ман бархоста, сӯи даштрӯя равона шудам, ва инак дар он ҷо ҷалоли Худованд, мисли ҷалоле ки назди наҳри Кабар дида будам, истодааст, ва ман бар рӯи худ афтодам.

24 Ва Рӯҳи Худо дар ман дохил шуда, маро ба поҳоям бархезонид, ва бо ман сухан ронда, ба ман гуфт: «Рафта, худро андаруни хонаи худ бибанд.

25 Ва ту, эй писари одам, — инак танобҳо бар ту ниҳода, туро бо онҳо бандубаст хоҳанд кард, ва ту ба миёни онҳо нахоҳӣ рафт.

26 Ва Ман забони туро ба комат хоҳам часпонид, ва ту лол гардида, барои онҳо носеҳ нахоҳӣ буд, зеро ки онҳо хонадони исьёнгар мебошанд.

27 Ва ҳангоме ки бо ту сухан ронам, даҳони туро воз хоҳам кард, ва ту ба онҳо хоҳӣ гуфт: „Худованд Худо чунин мегӯяд!“ Ҳар кӣ шунидан хоҳад — бишнавад, ва ҳар кӣ рӯй тофтан хоҳад — рӯй тобад, зеро ки онҳо хонадони исьёнгар мебошанд.

4

БОБИ ЧОРУМ

Масал дар бораи хишти хом;

аломати муҳосираи Ерусалим.

1 Ва ту, эй писари одам, барои худ хишти хоме бигир, ва онро пеши худ бимон, ва шаҳреро, ки Ерусалим бошад, бар он нақш каш;

2 Ва онро муҳосира намо, ва истеҳкомоте ба муқобили он бисоз, ва хокрезе назди он барпо кун, ва ӯрдугоҳҳо бар зидди он барқарор намо, ва манҷаниқҳо дар гирди он ҷойгир кун.

3 Ва ту барои худ тобаи оҳанине бигир, ва онро чун девори оҳанине дар мобайни худат ва ин шаҳр бимон, ва рӯи худро ба сӯи он нигарон, ва он дар муҳосира хоҳад буд, ва ту онро муҳосира намо; ин аломате барои хонадони Исроил хоҳад буд.

4 Ва ту бар паҳлуи чапи худ бихоб, ва гуноҳи хонадони Исроилро бар он бимон: мувофиқи адади рӯзҳое ки бар он бихобӣ, гуноҳи онҳоро хоҳӣ бардошт.

5 Ва Ман солҳои гуноҳи онҳоро бо адади рӯзҳо барои ту муайян намудаам, ки сесаду навад рӯз хоҳад буд, ва ту гуноҳи онҳоро хоҳӣ бардошт.

6 Ва ҳангоме ки инро ба анҷом расонӣ, дубора бар паҳлуи рости худ бихоб, ва гуноҳи хонадони Яҳудоро чил рӯз хоҳӣ бардошт: як рӯзро ба ҷои як сол, як рӯзро ба ҷои як сол Ман барои ту муқаррар намудаам.

7 Ва рӯи худро ба муҳосираи Ерусалим нигарон, дар ҳолате ки бозун ту бараҳна бошад, ва дар бораи он нубувват намо.

8 Ва инак Ман бар ту танобҳо ниҳодаам, ва ту то даме ки рӯзҳои муҳосираи худро ба анҷом нарасонӣ, аз як паҳлуи худ ба паҳлуи дигарат нахоҳӣ гашт.

9 Ва ту гандум ва ҷав, ва лӯбиё ва адас, ва арзан ва ҷуворӣ барои худ бигир, ва онҳоро дар як зарф биомез, ва аз онҳо хӯроке барои худ бипаз, ва дар муддати рӯзҳое ки бояд бар паҳлуи худ бихобӣ, яъне сесаду навад рӯз, онро хоҳӣ хӯрд.

10 Ва хӯроке ки мехӯрӣ, мувофиқи вазн, яъне рӯзе бист сиқл хоҳад буд; вақт‐вақт онро хоҳӣ хӯрд.

11 Ва обро мувофиқи андоза хоҳӣ нӯшид, ки ба шашьяки ҳин баробар бошад; вақт‐вақт онро хоҳӣ нӯшид.

12 Ва қурсҳои нони ҷав хоҳӣ хӯрд; ва онро дар пеши назари онҳо бар саргини одам хоҳӣ пухт».

13 Ва Худованд гуфт: «Банӣ‐Исроил нони наҷиси худро дар миёни халқҳое ки наздашон онҳоро пароканда мекунам, ҳамин тавр хоҳанд хӯрд».

14 Ва ман гуфтам: «Ё Худоё Худовандо! Ҷони ман ҳаргиз наҷис нашудааст, ва аз кӯдакии худ то алҳол лоша ва даридашударо нахӯрдаам; ва гӯшти ганда ба даҳонам надаромадааст».

15 Ва ба ман гуфт: «Бидон, ки Ман ба ту саргини говро ба ҷои саргини одам иҷозат медиҳам; ва ту нони худро бар он хоҳӣ пухт».

16 Ва ба ман гуфт: «Эй писари одам! Инак Ман муттакои нонро дар Ерусалим дарҳам хоҳам шикаст, ва нонро мувофиқи вазн ва бо ғами фардо хоҳанд хӯрд; ва обро мувофиқи андоза бо маъюсӣ хоҳанд нӯшид.

17 Зеро ки нон ва оби онҳо камӣ хоҳад кард; ва онҳо бо навмедӣ ба ҳамдигар назар хоҳанд кард, ва дар гуноҳи худ талаф хоҳанд шуд.

5

БОБИ ПАНҶУМ

Масал дар бораи теғи тез; аломати қаҳтӣ, вабо ва ҷанг.

1 Ва ту, эй писари одам, теги тезе барои худ бигир, покуи сартарошонро барои худ бигир, ва онро бар сари худ ва бар риши худ бирон; ва тарозуе барои худ гирифта, мӯйҳоро тақсим намо.

2 Сеякашро андаруни шаҳр ба оташ бисӯзон, вақте ки рӯзҳои муҳосира ба анҷом расад; ва сеякашро гирифта, дар атрофи он бо теғ бизан, ва сеякашро ба бод пароканда намо, ва Ман аз ақиби онҳо шамшер хоҳам кашид.

3 Ва адади каме аз он мӯйҳо гирифта, онҳоро дар домани худ бибанд.

4 Ва аз онҳо боз бигир, ва онҳоро ба даруни оташ биандоз, ва онҳоро дар оташ бисӯзон; оташе аз он ба сӯи тамоми хонадони Исроил берун хоҳад омад».

5 Худованд Худо чунин мегӯяд: ин Ерусалим аст, ки Ман онро дар миёни халқҳо ҷойгир кардаам, ва дар гирди он — кишварҳоро.

6 Валекин он ба зидди дастурҳои Ман бадтар аз халқҳо, ва ба зидди фароизи Ман бадтар аз кишварҳое ки дар гирди он мебошанд, исьён кард; зеро ки онҳо аз дастурҳои Ман нафрат карданд, ва фароизи Маро пайравӣ нанамуданд.

7 Бинобар ин Худованд Худо чунин мегӯяд: азбаски шумо назар ба халқҳое ки дар гирди шумо мебошанд, зиёдтар бетартибӣ кардед, ва аз дастурҳои Ман нафрат намудед, ва фароизи Маро пайравӣ накардед, ва ҳатто бар тибқи дастурҳои халқҳое ки дар гирди шумо мебошанд, амал нанамудед,

8 Бинобар ин Худованд Худо чунин мегӯяд: инак Ман низ ба ту зид ҳастам, ва андаруни ту дар пеши назари халқҳо довариҳо хоҳам намуд;

9 Ва бар ту, ба сабаби тамоми аъмоли зишти ту, корҳое хоҳам кард, ки ҳаргиз накардаам, ва мисли онҳо дигар нахоҳам кард.

10 Бинобар ин падарон андаруни ту писаронро хоҳанд хӯрд, ва писарон падарони худро хоҳанд хӯрд, ва Ман бар ту довариҳо хоҳам намуд, ва тамоми бақияи туро ба сӯи ҳар бод пароканда хоҳам кард.

11 Бинобар ин ба ҳаёти Худам қасам ки, мегӯяд Худованд Худо, азбаски ту хонаи муқаддаси Маро бо тамоми қабоҳати худ ва бо тамоми аъмоли зишти худ палид кардаӣ, Ман низ эътино нахоҳам кард, ва чашмам риққат нахоҳад овард, Ман низ раҳм нахоҳам кард.

12 Сеяки мардумонат андаруни ту аз вабо хоҳанд мурд ва аз қаҳтӣ ба ҳалокат хоҳанд расид; ва сеяки дигар дар гирди ту аз шамшер хоҳанд афтод; ва сеяки боқиро Ман ба сӯи ҳар бод пароканда намуда, аз ақиби онҳо шамшер хоҳам кашид.

13 Ва чун ғазабам ба итмом расад, ва хашми Худро бар онҳо фурӯ резам, он гоҳ Ман тасаллӣ хоҳам ёфт, ва онҳо, баъд аз он ки хашми Худро бар онҳо фурӯ рехта ба итмом расонам, хоҳанд донист, ки Ман, ки Худованд ҳастам, дар қаҳри Худ сухан рондаам.

14 Ва туро дар миёни халқҳое ки дар гирди ту мебошанд, дар назари ҳар роҳгузар ба харобӣ ва шармандагӣ гирифтор хоҳам кард.

15 Ва ҳангоме ки бар ту бо хашм ва ғазаб ва мазамматҳои сахт довариҳо намоям, ин барои халқҳое ки дар гирди ту мебошанд, сабаби нанг ва дашном ва ибрат ва даҳшат хоҳад буд; Ман, ки Худованд ҳастам, гуфтам.

16 Ҳангоме ки Ман тирҳои шадиди қаҳтиро, ки барои ҳалокат мебошанд, бифиристам, Ман онҳоро барои талаф кардани шумо хоҳам фиристод, ва қаҳтиро бар шумо торафт сахт хоҳам кард, ва муттакои нони шуморо дарҳам хоҳам шикаст;

17 Ва бар шумо қаҳтӣ ва ҳайвони даррандаро хоҳам фиристод, то ки туро бефарзанд гардонанд, ва вабо ва хун андаруни ту гузар хоҳанд кард, ва шамшере бар ту равона хоҳам намуд; Ман, ки Худованд ҳастам, гуфтам.

6

БОБИ ШАШУМ

Муроҷиат ба кӯҳҳои Исроил.

1 Ва каломи Худованд бар ман нозил шуда, гуфт:

2 «Эй писари одам! Рӯи худро ба кӯҳҳои Исроил нигаронида, дар бораи онҳо нубувват намо,

3 Ва бигӯй: эй кӯҳҳои Исроил, каломи Худованд Худоро бишнавед! Худованд Худо ба кӯҳҳо ва теппаҳо, ба водиҳо ва дараҳо чунин мегӯяд: инак Ман шамшере бар шумо меоварам, ва баландиҳои шуморо нест хоҳам кард.

4 Ва қурбонгоҳҳои шумо валангор гардида, ҳайкалҳои шамсии шумо шикаста хоҳад шуд, ва мақтулони шуморо пеши бутҳои шумо хоҳам партофт.

5 Ва лошаҳои банӣ‐Исроилро пеши бутҳои онҳо хоҳам гузошт; ва устухонҳои шуморо дар гирди қурбонгоҳҳои шумо пош хоҳам дод.

6 Дар ҳамаи иқоматгоҳҳои шумо шаҳрҳо хароб, ва баландиҳо валангор хоҳад шуд, то ки қурбонгоҳҳои шумо хароб ва валангор шавад, ва бутҳои шумо шикаста нобуд гардад, ва ҳайкалҳои шамсии шумо нест шавад, ва аъмоли шумо маҳв гардад.

7 Ва андаруни шумо мақтулон хоҳанд афтод, ва шумо хоҳед донист, ки Ман Худованд ҳастам.

Худованд бақияро маҳфуз хоҳад дошт.

8 Валекин бақияе нигоҳ хоҳам дошт, ва ҳангоме ки шумо дар кишварҳо пароканда гардед, аз шумо дар миёни халқҳо растагорони шамшер хоҳанд буд.

9 Ва растагорони шумо дар миёни халқҳо, дар ҷойҳое ки онҳоро ба асирӣ бурдаанд, Маро ба ёд хоҳанд овард, ки Ман дили зинокори онҳоро, ки аз Ман дур шуда буд, ва чашмони онҳоро, ки аз паси бутҳошон зино мекард, дарҳам шикастаам, ва онҳо барои бадиҳое ки илова ба тамоми аъмоли зишти худ кардаанд, аз худашон нафрат хоҳанд дошт,

10 Ва хоҳанд донист, ки Ман Худованд ҳастам, ва Ман беҳуда нагуфтаам, ки бар онҳо ин мусибатро хоҳам овард».

Мамлакат ба харобӣ дучор гардидааст.

11 Худованд Худо чунин мегӯяд: «Каф ба каф бизан ва бо пои худ заминро бикӯб, ва бигӯй: эй вой аз тамоми аъмоли зишти хонадони Исроил, ки аз шамшер, қаҳтӣ ва вабо хоҳанд афтод!

12 Касе ки дур бошад, аз вабо хоҳад мурд, ва касе ки наздик бошад, аз шамшер хоҳад афтод, ва касе ки дар муҳосира боқӣ монда бошад, аз қаҳтӣ хоҳад мурд; ва Ман ғазаби Худро бар онҳо ба итмом хоҳам расонид.

13 Ва хоҳед донист, ки Ман Худованд ҳастам, вақте ки мақтулони онҳо дар миёни бутҳои онҳо, дар гирди қурбонгоҳҳои онҳо, бар ҳар теппаи баланд, бар ҳамаи қуллаҳои кӯҳҳо, ва зери ҳар дарахти сабзу хуррам, ва зери ҳар дарахти пистаи сершоха, дар ҷое ки барои ҳамаи бутҳои худ атри гуворо меоварданд, биафтанд.

14 Ва Ман дасти Худро бар онҳо дароз карда, заминро дар ҳамаи иқоматгоҳҳои онҳо бештар аз биёбони Диблото валангор ва харобазор хоҳам гардонид; ва хоҳанд донист, ки Ман Худованд ҳастам».

7

БОБИ ҲАФТУМ

Доварии саҳмгини Худо бар Исроил фаро расидааст.

1 Ва каломи Худованд бар ман нозил шуда, гуфт:

2 «Ва ту, эй писари одам! Худованд Худо ба замини Исроил чунин мегӯяд: интиҳост! Бар чор канори замин интиҳо омадааст!

3 Алҳол интиҳо бар туст, ва Ман ғазаби Худро бар ту мефиристам, ва туро бар тибқи рафторат доварӣ хоҳам намуд, ва мувофиқи тамоми аъмоли зиштат ба ту талофӣ хоҳам дод.

4 Ва чашмам бар ту риққат нахоҳад овард, ва Ман раҳм нахоҳам кард, балки ба ту бар тибқи рафтор ва аъмоли зишти ту, ки андаруни туст, подош хоҳам дод; ва хоҳед донист, ки Ман Худованд ҳастам».

5 Худованд Худо чунин мегӯяд: «Фалокат, инак фалокати беназир меояд.

6 Интиҳо меояд, интиҳо меояд; он ба зидди ту қиём намудааст; инак, меояд.

7 Завол сӯи ту меояд, эй сокини замин! Вақт мерасад, он рӯз наздик аст, ки дар ивази нидоҳои шодиёна бар кӯҳҳо ҳарҷумарҷ барпо мешавад.

8 Алҳол хашми Худро ба зудӣ бар ту фурӯ хоҳам рехт, ва ғазаби Худро бар ту ба итмом хоҳам расонид, ва туро бар тибқи рафторат доварӣ хоҳам намуд, ва мукофоти тамоми аъмоли зиштатро ба ту хоҳам дод.

9 Ва чашмам риққат нахоҳад овард, ва Ман раҳм нахоҳам кард; ба ту бар тибқи рафтор ва аъмоли зишти ту, ки андаруни туст, подош хоҳам дод; ва хоҳед донист, ки Ман Худованди ҷазодиҳанда ҳастам.

10 Инак он рӯз! Инак меояд: завол берун омадааст, чӯбдаст ғунча бастааст, бадқасдӣ гул кардааст.

11 Зулм қиём намуда, чӯбдасти шарорат гардидааст; на аз онҳо, ва на аз анбӯҳи онҳо, ва на аз ғулғулаи онҳо осоре нахоҳад монд, ва касе боқӣ нахоҳад монд, ки ба онҳо навҳа кунад.

12 Вақт расидааст, он рӯз омадааст; касе ки харида бошад, бигзор шодӣ накунад, ва касе ки фурӯхта бошад, бигзор мотам нагирад, зеро ки ғазаб бар тамоми анбӯҳи онҳост.

13 Зеро касе ки фурӯхта бошад, сӯи чизе ки фурӯхтааст, нахоҳад баргашт, гарчанде ки ҷони онҳо ҳанӯз дар қайди ҳаёт бошад; чунки рӯъё дар бораи тамоми анбӯҳи онҳост, ва касе нахоҳад баргашт, ва ҳар кас ҷонашро ба гуноҳи худаш барбод хоҳад дод, ва онҳо истодагӣ натавонанд кард.

14 Карнай навохтаанд, ва ҳама чизро муҳайё кардаанд, валекин касе ба ҷанг намеравад; зеро ки ғазаби Ман бар тамоми анбӯҳи онҳост.

15 Шамшер аз берун аст, ва вабо ва қаҳтӣ — аз дарун; касе ки дар саҳрост, аз шамшер хоҳад мурд, ва касе ки дар шаҳр аст, қаҳтӣ ва вабо кори варо тамом хоҳанд кард.

16 Растагорони онҳо хоҳанд гурехт, ва бар кӯҳҳо мисли кабӯтарони дараҳо хоҳанд буд; ҳар яке аз онҳо ба сабаби гуноҳи худ оҳу нола хоҳанд кард.

17 Ҳамаи дастҳо бемаҷол, ва ҳамаи зонуҳо мисли об беҳол хоҳад шуд.

18 Ва палос дар бар хоҳанд кард, ва ларза онҳоро фаро хоҳад гирифт; ва бар ҳамаи рӯйҳо хиҷолат дида хоҳад шуд, ва мӯйсари ҳамаашон тарошида хоҳад шуд.

19 Нуқраи худро онҳо ба кӯчаҳо хоҳанд партофт, ва тиллои онҳо чизи наҷисе ҳисоб хоҳад ёфт; нуқра ва тиллои онҳо дар рӯзи қаҳри Худованд онҳоро халосӣ натавонад дод; онҳо ҷони худро аз он сер, ва амъои худро пур натавонанд кард, зеро ки он ба гуноҳи онҳо сабаб шудааст.

20 Ва асбоби зебу зинати худро, ки аз он мебошад, онҳо боиси ифтихор гардонидаанд, ва бутҳои зишт ва қабеҳи худро аз он сохтаанд; барои ҳамин ҳам Ман онро барояшон ба чизи наҷисе табдил хоҳам дод.

21 Ва онро ба дасти бегонаҳо барои ғорат, ва ба шарирони замин барои тороҷ хоҳам супурд; ва онҳо онро палид хоҳанд кард.

22 Ва рӯи Худро аз онҳо хоҳам гардонид, ва ниҳонгоҳи Маро палид хоҳанд кард; ва тороҷгарон ба он дохил шуда, онро палид хоҳанд кард.

23 Занҷир бисоз, зеро ки замин аз ҷиноятҳои хунин пур шудааст, ва шаҳр аз зулм мамлӯ аст.

24 Ва Ман шариртарини халқҳоро хоҳам овард, ва хонаҳои онҳоро соҳиб хоҳанд шуд; ва ба ғурури зӯроварон хотима хоҳам дод, ва ҷойҳои муқаддаси онҳо палид хоҳад шуд.

25 Таҳлука меояд; ва сулҳу осоиштагӣ талаб хоҳанд кард, вале ёфт нахоҳад шуд.

26 Фалокат бар фалокат меояд, ва овоза бар овоза ба гӯш мерасад; ва рӯъёе аз набӣ талаб хоҳанд кард, вале дастур аз коҳин, ва машварат аз пирон барҳам хоҳад хӯрд.

27 Подшоҳ мотам хоҳад гирифт, ва раис пероҳани саргумӣ хоҳад пӯшид, ва дастҳои қавми замин ба ларза хоҳад омад; бар тибқи рафторашон бо онҳо амал хоҳам кард, ва мувофиқи ҷиноятҳошон онҳоро доварӣ хоҳам намуд; ва онҳо хоҳанд донист, ки Ман Худованд ҳастам».

8

БОБИ ҲАШТУМ

Рӯъёи сеюми ҷалол.

1 Ва чунин воқеъ шуд, ки дар соли шашум, дар рӯзи панҷуми моҳи шашум, ман дар хонаи худ нишаста будам, ва пирони Яҳудо пеши ман нишаста буданд, ва дар он ҷо дасти Худованд Худо бар ман фурӯд омад.

2 Ва ман дидам, ки инак сурате мисли намуди оташ буд; аз намуди камараш то поён — оташ, ва аз камараш то боло мисли намуди дурахше, мисли барқе буд.

3 Ва чизе мисли даст дароз карда, маро аз мӯи сарам қапид, ва Рӯҳи Худо маро дар мобайни замин ва осмон бардошт, ва маро дар рӯъёҳои Худо ба Ерусалим, ба даҳани дарвозаи дохилӣ, ки рӯ ба ҷониби шимол буд, овард, ки дар он ҷо бути рашки рашкангез гузошта шуда буд.

4 Ва инак дар он ҷо ҷалоли Худои Исроил мисли он намуде буд, ки ман дар даштрӯя дида будам.

5 Ва ба ман гуфт: «Эй писари одам! Чашмонатро ба тарафи роҳи шимолӣ баланд кун». Ва ман чашмонамро ба тарафи роҳи шимолӣ баланд кардам, ва инак ба тарафи шимолии дарвозаи қурбонгоҳ ин бути рашкро назди даромадгоҳ дидам.

6 Ва ба ман гуфт: «Эй писари одам! Оё ту он чиро, ки онҳо мекунанд, мебинӣ? Он корҳои зишти азимеро, ки хонадони Исроил дар ин ҷо мекунанд, то ки Ман аз хонаи муқаддаси Худ дур шавам? Валекин ту боз корҳои зишти азимтарро хоҳӣ дид».

7 Ва маро назди даромадгоҳи саҳн овард, ва ман назар кардам, ва инак сӯрохе дар девор буд.

8 Ва ба ман гуфт: «Эй писари одам! Деворро бикан». Ва ман деворро кандам, ва инак даромадгоҳе пайдо шуд.

9 Ва ба ман гуфт: «Дохил шав ва корҳои зишти нафратангезро, ки онҳо дар ин ҷо мекунанд, бубин».

10 Ва ман дохил шуда, дидам, ва инак ҳар гуна нақшҳои хазандагон ва ҳайвонҳои наҷис, ва ҳамаи бутҳои хонадони Исроил бар девор гирдогирд ҳак карда шудааст.

11 Ва ҳафтод нафар аз пирони хонадони Исроил пеши онҳо истодаанд, ва Яазаньё ибни Шофон дар миёни онҳо истодааст, ва ҳар яке маҷмари худро дар даст дорад, ва бӯи абри бухур боло мебарояд.

12 Ва ба ман гуфт: «Оё ту, эй писари одам, он чиро, ки пирони хонадони Исроил дар торикӣ, ҳар яке дар ҳуҷраҳои бутпарастии худ мекунанд, дидӣ? Зеро ки мегӯянд: „Худованд моро намебинад, Худованд ин заминро тарк кардааст“».

13 Ва ба ман гуфт: «Боз корҳои зишти азимтарро, ки онҳо мекунанд, хоҳӣ дид».

14 Ва маро ба даҳани дарвозаи хонаи Худованд, ки ба тарафи шимол буд, овард, ва инак дар он ҷо заноне нишастаанд, ки барои Таммуз+ 8:14 Таммуз — худои бобилӣ‐шумерӣ, ки рамзи қуввати табиат ҳисоб меёфт, қуввате ки дар фасли зимистон хобида, баъд боз аз гармии офтоб бедор мешудааст. навҳагарӣ мекунанд.

15 Ва ба ман гуфт: «Оё дидӣ, эй писари одам? Боз корҳои зишти аз ин азимтарро хоҳӣ дид».

16 Ва маро ба саҳни дохилии хонаи Худованд овард, ва инак назди дари даромади толори маъбади Худованд, дар миёни равоқ ва қурбонгоҳ, тақрибан бисту панҷ кас истодаанд, ки пуштҳошон ба толори маъбади Худованд ва рӯйҳошон ба тарафи шарқ мебошад, ва онҳо ба тарафи шарқ ба офтоб саҷда мекунанд.

17 Ва ба ман гуфт: «Оё дидӣ, эй писари одам? Оё барои хонадони Яҳудо кардани чунин корҳои зишт, ки дар ин ҷо мекунанд, кам аст, ки боз онҳо заминро аз зулм пур мекунанд ва ба роҳи бутпарастӣ баргашта, Маро ба ғазаб меоваранд? Инак онҳо навдаеро ба биниҳои худ медоранд.

18 Бинобар ин Ман низ бо ғазаб амал хоҳам намуд: чашмам риққат нахоҳад овард, ва Ман раҳм нахоҳам кард, ва ҳарчанд ба гӯшҳои Ман бо овози баланд бихонанд, онҳоро иҷобат нахоҳам намуд».

9

БОБИ НӮҲУМ

Рӯъёи куштори бузург дар Ерусалим.

1 Ва бо овози баланде ба самъи ман хонда, гуфт: «Бигзор амалдорони шаҳр наздик шаванд, ва ҳар кас олати ҳалокатовари худро дар дасташ дошта бошад».

2 Ва инак шаш нафар аз роҳи дарвозаи боло, ки рӯ ба ҷониби шимол буд, омаданд, ва ҳар кадомро олати харобкунандааш дар дасташ буд, ва дар миёни онҳо як мард либоси катон дар тан дошт, ва дар камараш лавозимоти хатнависӣ буд; ва онҳо омада, назди қурбонгоҳи мисин истоданд.

3 Ва ҷалоли Худои Исроил аз болои каррубӣ, ки бар он буд, ба остонаи маъбад баромад; ва он мардро, ки либоси катон дар тан дошт, ва лавозимоти хатнависӣ дар камараш буд, даъват намуд.

4 Ва Худованд ба вай гуфт: «Аз миёнаи шаҳр, яъне аз миёнаи Ерусалим гузар намо, ва бар пешонии одамоне ки дар бораи ҳамаи корҳои зиште ки андаруни он карда мешавад, оҳу фиғон мекунанд, аломате бигузор».

5 Ва ба онҳо ба самъи ман гуфт: «Аз ақиби ин мард дар шаҳр гузар кунед ва зарба занед: бигзор чашмонатон риққат наоварад, ва раҳм накунед.

6 Пирон, ҷавонон ва духтарон, ва кӯдакон ва занонро кушта нобуд кунед, валекин ба ҳар касе ки бар худ аломат дорад, наздик нашавед, ва аз хонаи муқаддаси Ман оғоз намоед». Ва онҳо аз пироне ки пеши хона буданд, оғоз карданд.

7 Ва ба онҳо гуфт: «Маъбадро палид кунед ва саҳнҳоро аз мақтулон пур карда, берун равед». Ва онҳо берун рафтанд, ва дар шаҳр зарба задан гирифтанд.

8 Ва ҳангоме ки онҳо зарба мезаданд, ва ман боқӣ мондам, бар рӯи худ афтода, фарьёд кашидам, ва гуфтам: «Ё Худоё Худовандо! Оё Ту, чун ғазабатро бар Ерусалим фурӯ резӣ, тамоми бақияи Исроилро несту нобуд хоҳӣ кард?»

9 Ва ба ман гуфт: «Гуноҳи хонадони Исроил ва Яҳудо бағоят азим аст, ва ин замин аз хун пур шудааст, ва ин шаҳр аз беадолатӣ пур аст; зеро ки онҳо мегӯянд: „Худованд ин заминро тарк кардааст, ва Худованд намебинад“.

10 Бинобар ин чашми ман низ риққат нахоҳад овард, ва Ман раҳм нахоҳам кард: подоши рафторашонро бар сарашон хоҳам овард».

11 Ва инак марде ки либоси катон дар тан дошт, ва лавозимоти хатнависӣ дар камараш буд, ҷавоб гардонда, гуфт: «Ҳар он чи Ту амр фармудӣ, ба ҷо овардам».

10

БОБИ ДАҲУМ

Рӯъёи чархҳои иборат аз сангҳои ёқути кабуд бо каррубиён.

1 Ва ман дидам, ва инак бар фалаке ки болои сари каррубиён буд, чизе мисли санги ёқути кабуд, мисли намуди сурати тахт бар онҳо намудор шуд.

2 Ва Худо ба марде ки либоси катон дар тан дошт, муроҷиат намуда, гуфт: «Дар миёни чархҳои зери каррубиён дохил шав ва муштҳоятро аз ахгарҳои оташе ки дар миёни каррубиён аст, пур карда, бар шаҳр парто». Ва ӯ дар пеши назари ман дохил шуд.

3 Ва ҳангоме ки он мард дохил шуд, каррубиён ба тарафи рости маъбад истода буданд, ва абр саҳни дохилиро пур кард.

4 Ва ҷалоли Худованд аз болои каррубӣ ба остонаи маъбад баромад, ва абр хонаро пур кард, ва саҳн аз дурахши ҷалоли Худованд пур шуд.

5 Ва садои болҳои каррубиён то саҳни берунӣ шунида шуд, ба монанди овози Худои Қодир, вақте ки Ӯ сухан меронад.

6 Ва ҳангоме ки Ӯ ба марди катонпӯш амр фармуда гуфт: «Оташро аз миёни чархҳо, аз миёни каррубиён бигир», он мард дохил шуда, назди чарх истод,

7 Ва каррубие дасти худро аз миёни каррубиён ба оташе ки дар миёни каррубиён буд, дароз кард, ва онро бардошта, ба ҳавучҳои марди катонпӯш дод, ва ӯ онро гирифта, берун рафт.

Тасвири намуди каррубиён.

8 Ва дидам, ки дар зери болҳои каррубиён тарҳи дасти одам намудор шуд.

9 Ва ман дидам, ва инак чор чарх назди каррубиён, яъне як чарх назди як каррубӣ, ва чархи дигар назди каррубии дигар намудор шуд, ва намуди чархҳо мисли санги забарҷад буд.

10 Ва намудашон тавре буд, ки ҳар чорашон як сурат доштанд, гӯё ки чархе тақотӯи чарх бошад.

11 Онҳо чун роҳ мерафтанд, ба чор самти худ мерафтанд, дар вақти рафтанашон рӯй намегардониданд, зеро ба самте ки сар сӯи он менигарист, мерафтанд, ва дар вақти рафтанашон рӯй намегардониданд.

12 Ва тамоми ҷисмашон, ва пуштҳошон, ва дастҳошон, ва болҳошон, ва чархҳо, — чархҳои ҳар чорашон, — гирдогирд пур аз чашмон буд.

13 Ин чархҳо, чунон ки ба гӯши ман расид, ғилдирак номида шуданд.

14 Ва ҳар якеро чор рӯй буд: як рӯяш — рӯи каррубӣ, ва рӯи дуюмаш — рӯи одам, ва сеюмаш — рӯи шер, ва чорумаш — рӯи уқоб.

15 Ва каррубиён сууд карданд. Ин ҳамон ҳайвоне буд, ки назди наҳри Кабар дида будам.

16 Ва ҳангоме ки каррубиён роҳ мерафтанд, чархҳо низ назди онҳо роҳ мерафтанд; ва ҳангоме ки каррубиён болҳои худро бармеафроштанд, то аз болои замин сууд намоянд, чархҳо низ аз назди онҳо рӯй намегардониданд:

17 Ҳангоми истоданашон меистоданд, ва ҳангоми сууд карданашон бо онҳо сууд мекарданд, зеро ки рӯҳи ҳайвон дар онҳо буд.

18 Ва ҷалоли Худованд аз болои остонаи маъбад берун омад, ва бар каррубиён истод,

19 Ва каррубиён болҳои худро барафроштанд, ва дар пеши назари ман аз замин сууд карда, берун рафтанд, ва чархҳо назди онҳо буданд; ва дар даҳани дарвозаи шарқии хонаи Худованд истоданд, ва ҷалоли Худои Исроил аз боло бар онҳо буд.

20 Ин ҳамои ҳайвоне буд, ки зери пои Худои Исроил назди наҳри Кабар дида будам, ва ман донистам, ки инҳо каррубиёнанд.

21 Ҳар якеро чор рӯй буд, ва ҳар яке чор бол дошт; ва сурати дастҳои одам зери болҳошон буд.

22 Ва сурати рӯйҳошон ҳамон рӯйҳое буд, ки назди наҳри Кабар дида будам; намуди онҳо айни ҳамон буд; ҳар кадомашон ба самти рӯи худ мерафтанд.

11

БОБИ ЁЗДАҲУМ

Рӯъё дар бораи ҷазо додани сардорон.

1 Ва Рӯҳи Худо маро бардошта, назди дарвозаи шарқии хонаи Худованд, ки рӯ ба ҷониби шарқ буд, овард, ва инак ба даҳани дарвоза бисту панҷ мард буданд; ва ман дар миёни онҳо сарварони қавм — Яазаньё ибни Аззур ва Фалатьё ибни Баноёро дидам.

2 Ва Худованд ба ман гуфт: «Эй писари одам! Инҳо касоне ҳастанд, ки тадбирҳои шарирона меандешанд, ва дар ин шаҳр машваратҳои бад медиҳанд,

3 Ва мегӯянд: „Вақти хонасозӣ наздик нест; ин шаҳр дег аст, ва мо — гӯшт“.

4 Бинобар ин ба муқобили онҳо нубувват намо, эй писари одам, нубувват намо!»

5 Ва Рӯҳи Худованд бар ман нозил шуда, ба ман гуфт: «Бигӯй, ки Худованд чунин мегӯяд: шумо, эй хонадони Исроил, ин тавр сухан меронед, валекин андешаҳои дили шуморо Ман медонам.

6 Бисьёр касонро шумо дар ин шаҳр куштаед, ва кӯчаҳои онро аз мақтулон пур кардаед.

7 Бинобар ин Худованд Худо чунин мегӯяд: мақтулони шумо, ки андаруни он гузоштаед, гӯшт мебошанд; ва он — дег аст; валекин шуморо ман аз даруни он берун хоҳам овард.

8 Шумо аз шамшер метарсед, вале Ман шамшерро бар шумо хоҳам овард, мегӯяд Худованд Худо.

9 Ва шуморо аз даруни он берун хоҳам овард, ва шуморо ба дасти бегонаҳо хоҳам супурд, ва бар шумо доварӣ хоҳам кард.

10 Аз шамшер хоҳед афтод; назди сарҳади Исроил бар шумо доварӣ хоҳам кард, ва шумо хоҳед донист, ки Ман Худованд ҳастам.

11 Ин шаҳр барои шумо дег нахоҳад буд, ва шумо андаруни он гӯшт нахоҳед буд; назди сарҳади Исроил бар шумо доварӣ хоҳам кард.

12 Ва шумо хоҳед донист, ки Ман Худованд ҳастам, ки шумо бар тибқи фароизи Ман рафтор накардед ва дастурҳои Маро ба ҷо наовардед, балки бар тибқи дастурҳои халқҳое ки дар гирди шумо мебошанд, амал кардед».

13 Ва чунин воқеъ шуд, ки чун нубувват менамудам, Фалатьё ибни Баноё мурд; ва ман бар рӯи худ афтодам ва бо овози баланд фарьёд зада, гуфтам: «Ё Худоё Худовандо! Наҳод ки Ту бақияи Исроилро тамоман несту нобуд мекунӣ?»

Ваъдаи маҳфуз доштани бақия.

14 Ва каломи Худованд бар ман нозил шуда, гуфт:

15 «Эй писари одам! Бародаронат, бародаронат, одамони наздикат, ва тамоми хонадони Исроил саросар касоне мебошанд, ки дар бораи онҳо сокинони Ерусалим мегӯянд: „Онҳо аз Худованд дур шудаанд; ин замин ба мо барои тасарруф дода шудааст“.

16 Бинобар ин бигӯй: „Худованд Худо чунин мегӯяд: агарчи Ман онҳоро дур андохтаам, ва агарчи онҳоро дар кишварҳо пароканда кардаам, валекин Ман барои онҳо дар кишварҳое ки ба он ҷо омадаанд, андак замоне паноҳгоҳи муқаддасе будам“.

17 Бинобар ин бигӯй: „Худованд Худо чунин мегӯяд: ва Ман шуморо аз миёни қавмҳо ҷамъ хоҳам кард, ва шуморо аз кишварҳое ки дар онҳо пароканда шудаед, фароҳам хоҳам овард, ва замини Исроилро ба шумо хоҳам дод“.

18 Ва ба он ҷо хоҳанд омад, ва тамоми бутҳои қабеҳи онро, ва тамоми санамҳои зишти онро аз он дур хоҳанд кард.

19 Ва Ман ба онҳо дили ягонае хоҳам дод, ва рӯҳи тозае андаруни онҳо хоҳам ниҳод, ва дили сангинро аз ҷисми онҳо дур хоҳам кард, ва дили гӯштӣ ба онҳо хоҳам бахшид,

20 То ки бар тибқи фароизи Ман рафтор намоянд ва дастурҳои Маро риоя кунанд ва онҳоро ба ҷо оваранд, ва онҳо қавми Ман хоҳанд буд, ва Ман Худои онҳо хоҳам буд.

21 Валекин дар ҳаққи онҳое ки дилашон ба бутҳои қабеҳ ва зишташон моил мешавад, Ман подоши рафтори онҳоро бар сарашон хоҳам овард, мегӯяд Худованд Худо».

Ҷалоли Худованд Ерусалимро тарк мекунад.

22 Ва каррубиён болҳои худро барафроштанд, ва чархҳо назди онҳо буданд, ва ҷалоли Худои Исроил аз боло бар онҳо буд.

23 Ва ҷалоли Худованд аз даруни шаҳр сууд кард, ва бар кӯҳе ки ба тарафи шарқии шаҳр воқеъ аст, таваққуф намуд.

24 Ва дар рӯъё Рӯҳи Худо маро бардошт ва ба кишвари калдониён назди ҷалои ватан шудагон овард; ва рӯъёе ки ман дидам, аз ман ғоиб шуд;

25 Ва ман тамоми калимоти Худовандро, ки Ӯ ба ман зоҳир сохт, ба ҷалои ватан шудагон баён намудам.

12

БОБИ ДУВОЗДАҲУМ

Рӯъё дар бораи наздик будани асирӣ.

1 Ва каломи Худованд бар ман нозил шуда, гуфт:

2 «Эй писари одам! Ту андаруни хонадони исьёнгар сукунат дорӣ, ки онҳо чашмон барои дидан доранд, вале намебинанд, ва онҳо гӯшҳо барои шунидан доранд, вале намешунаванд, зеро ки онҳо хонадони исьёнгар мебошанд.

3 Ва ту, эй писари одам, барои худ бисоти ҷалои ватанро муҳайё намо, ва рӯзона дар пеши назари онҳо муҳоҷират кун, ва аз макони худ ба макони дигар дар пеши назари онҳо муҳоҷират кун; шояд инро дида, фаҳм кунанд, агарчи хонадони исьёнгар мебошанд.

4 Ва бисоти худро, ҳамчун бисоти ҷалои ватан, рӯзона дар пеши назари онҳо берун овар, ва худат шомгоҳ дар пеши назари онҳо, ҳамчун касоне ки барои ҷалои ватан берун мераванд, берун рав.

5 Дар пеши назари онҳо барои худ рахнае дар девор карда, аз он берун овар.

6 Дар пеши назари онҳо бар китфат бимон, дар торикӣ берун овар, рӯи худро бипӯшон, то ки заминро набинӣ, зеро ки туро аломате барои хонадони Исроил гардонидаам».

7 Ва ман тавре ки ба ман амр фармуда шуд, амал кардам: бисоти худро, ҳамчун бисоти ҷалои ватан, рӯзона берун овардам, ва шомгоҳ барои худ бо даст рахнае дар девор кардам; дар торикӣ берун овардам, дар пеши назари онҳо бар китфам гузоштам.

8 Ва бомдодон каломи Худованд бар ман нозил шуда, гуфт:

9 «Эй писари одам! Оё хонадони Исроил, ки хонадони исьёнгар мебошанд, ба ту нагуфтанд: „Ин чӣ кор аст, ки мекунӣ?“

10 Ба онҳо бигӯй: „Худованд Худо чунин мегӯяд: ин ваҳй дар бораи раисест, ки дар Ерусалим мебошад, ва дар бораи тамоми хонадони Исроил, ки андаруни он сокинанд“.

11 Бигӯй: „Ман аломате барои шумо ҳастам; чунон ки амал кардам, ончунон ба онҳо амал карда хоҳад шуд: онҳо ҷалои ватан шуда, ба асирӣ хоҳанд рафт“.

12 Ва раисе ки дар миёни онҳост, дар торикӣ бисоти худро бар китфаш гузошта, берун хоҳад рафт; рахнае дар девор хоҳанд кард, то ки ӯро аз он берун оваранд; ӯ рӯи худро хоҳад пӯшонид, то ки заминро бо чашми худ набинад.

13 Ва Ман доми Худро бар ӯ хоҳам афканд, ва ӯ дар тӯри Ман хоҳад афтод, ва ӯро ба Бобил, ба замини калдониён хоҳам овард, ва ӯ онро нахоҳад дид, ва дар он ҷо хоҳад мурд.

14 Ва ҳамаи онҳоеро, ки дар гирду пеши ӯ ҳастанд, мададгорони ӯ ва тамоми қӯшуни ӯро ба сӯи ҳар бод пароканда намуда, аз ақиби онҳо шамшер хоҳам кашид.

15 Ва ҳангоме ки онҳоро дар миёни халқҳо пароканда намоям ва онҳоро дар кишварҳо парешон созам, онҳо хоҳанд донист, ки Ман Худованд ҳастам.

16 Валекин адади камеро аз онҳо аз шамшер, аз қаҳтӣ ва аз вабо боқӣ хоҳам гузошт, то ҳамаи корҳои зишти худро дар миёни халқҳое ки ба он ҷо мераванд, ҳикоят кунанд, ва хоҳанд донист, ки Ман Худованд ҳастам».

Асирии Исроил даранг нахоҳад кард.

17 Ва каломи Худованд бар ман нозил шуда, гуфт:

18 «Эй писари одам! Нони худро бо ларза бихӯр, ва оби худро бо изтироб ва андӯҳ бинӯш.

19 Ва ба қавми ин замин бигӯй: „Худованд Худо дар ҳаққи сокинони Ерусалим, дар ҳаққи замини Исроил чунин мегӯяд: онҳо нони худро бо андӯҳ хоҳанд хӯрд, ва оби худро бо яъс хоҳанд нӯшид, чунки замини онҳо аз боиси ситамгарии ҳамаи сокинонаш аз фаровонии он маҳрум хоҳад шуд.

20 Ва шаҳрҳои маскун хароб хоҳад гардид, ва ин замин валангор хоҳад шуд, ва хоҳед донист, ки Ман Худованд ҳастам“».

21 Ва каломи Худованд бар ман нозил шуда, гуфт:

22 «Эй писари одам! Шуморо дар замини Исроил ин зарбулмасал чист, ки мегӯед: „Айём тӯл мекашад, ва ҳар рӯъё нест мешавад“?

23 Бинобар ин ба онҳо бигӯй: „Худованд Худо чунин мегӯяд: Ман ин зарбулмасалро барҳам хоҳам дод, ва онро дигар дар Исроил истеъмол нахоҳанд кард“; лекин ба онҳо бигӯй: айём наздик аст, ва иҷрои ҳар рӯъё қариб.

24 Зеро ки ҳеҷ рӯъё ботил ва пешгӯии тамаллуқомез дар хонадони Исроил дигар нахоҳад буд.

25 Зеро Ман, ки Худованд хастам, сухан хоҳам гуфт, ва сухане ки Ман бигӯям, ба амал хоҳад омад, ва дигар даранг нахоҳад кард, зеро ки дар айёми шумо, эй хонадони исьёнгар, сухане хоҳам гуфт ва онро ба ҷо хоҳам овард, мегӯяд Худованд Худо».

26 Ва каломи Худованд бар ман нозил шуда, гуфт:

27 «Эй писари одам! Инак хонадони Исроил мегӯянд: „Рӯъёе ки ӯ мебинад, барои айёми кашол аст, ва ӯ барои замонхои дур нубувват мекунад“.

28 Бинобар ин ба онҳо бигӯй: „Худованд Худо чунин мегӯяд: ҳеҷ каломи Ман дигар даранг нахоҳад кард: сухане ки Ман бигӯям, ба амал хоҳад омад, мегӯяд Худованд Худо“».

13

БОБИ СЕЗДАҲУМ

Фош кардани анбиёи козиб.

1 Ва каломи Худованд бар ман нозил шуда, гуфт:

2 «Эй писари одам! Дар бораи анбиёи Исроил, ки нубувват мекунанд, нубувват намо, ва ба онҳое ки ба дилхоҳи худ нубувват мекунанд, бигӯй: „Каломи Худовандро бишнавед!“»

3 Худованд Худо чунин мегӯяд: «Вой бар ҳоли анбиёи разиле ки рӯҳи худро пайравӣ менамоянд, бе он ки рӯъёе дида бишанд!

4 Анбиёи ту, эй Исроил, мисли рӯбоҳон дар харобазор мебошанд.

5 Шумо ба рахнаҳо набаромадед ва деворе барои хонадони Исроил барпо накардед, то ки онҳо дар рӯзи Худованд дар ҷанг истодагӣ намоянд.

6 Рӯъёи ботил мебинанд ва бардурӯғ фол кушода, мегӯянд: „Худо мегӯяд“, ва ҳол он ки онҳоро Худованд нафиристодааст; ва умедвор мешаванд, ки суханашон ба амал хоҳад омад.

7 Оё шумо рӯъёи ботил надидед, ва бардурӯғ фол кушода, нагуфтед: „Худованд мегӯяд“, ва ҳол он ки Ман чизе нагуфтаам?»

8 Бинобар ин Худованд Худо чунин мегӯяд. «Азбаски шумо суханони ботил гуфтаед ва рӯъёи бардурӯғ дидаед, ба ин сабаб инак Ман ба шумо зид ҳастам, мегӯяд Худованд Худо.

9 Ва дасти Ман бар анбиёе ки рӯъёи ботил мебинанд ва бардурӯғ фол мекушоянд, тӯло хоҳад буд; онҳо дар шӯрои қавми Ман дохил нахоҳанд буд, ва дар дафтари хонадони Исроил навишта нахоҳанд шуд, ва ба замини Исроил нахоҳанд омад; ва хоҳед донист, ки Ман Худованд ҳастам.

10 Азбаски онҳо қавми Маро дар иштибоҳ андохта, мегуфтанд: „Сулҳу осоиштагӣ“, ва ҳол он ки сулҳу осоиштагӣ набуд, ва ҳангоме ки ин қавм таворае месохтанд, онҳо онро бо лои нобоб андова мекарданд,

11 Пас ба онҳое ки бо лои нобоб андова мекунанд, бигӯй, ки он тавора хоҳад афтод; борони сел хоҳад борид, ва шумо, эй сангҳои жола, фурӯ хоҳед рехт, ва боди сахт онро хоҳад шикофт.

12 Ва инак, ҳангоме ки он девор фурӯ ғалтад, оё ба шумо нахоҳанд гуфт: „Куҷост он андовае ки андуда будед?“

13 Бинобар ин Худованд Худо чунин мегӯяд: Ман дар ғазаби Худ боди сахтро ба шикофтан амр хоҳам кард, ва дар хашми Ман борони сел хоҳад борид, ва сангҳои жола низ дар ғазаби ҳалокатовар.

14 Ва Ман он деворро, ки шумо бо лои нобоб андова кардаед, хароб намуда, бар замин фурӯ хоҳам ғалтонид, ба тавре ки таҳкурсии он намоён гардад, ва ҳангоме ки он фурӯ ғалтад, шумо андаруни он ба ҳалокат хоҳед расид, ва хоҳед донист, ки Ман Худованд ҳастам.

15 Ва Ман ғазаби Худро бар он девор ва бар онҳое ки онро бо лои нобоб андова кардаанд, ба итмом расонида, ба шумо хоҳам гуфт: ин девор нест шуд, ва онҳое ки онро андова карда буданд, несту нобуд гардиданд,

16 Яъне он анбиёи Исроил, ки дар бораи Ерусалим нубувват мекунанд ва барояш рӯъёи сулҳу осоиштагиро мебинанд, ва ҳол он ки сулҳу осоиштагӣ нест, мегӯяд Худованд Худо.

17 Ва ту, эй писари одам, рӯи худро ба тарафи духтарони қавми худ, ки ба дилхоҳи худ нубувват мекунанд, бигардон ва дар ҳаққи онҳо нубувват намо.

18 Ва бигӯй: „Худованд Худо чунин мегӯяд: вой бар ҳоли онҳое ки бозубандҳои ҷоду барои ҳар бозуе медӯзанд, ва чодирҳо барои сари ҳар қомате месозанд, то ки ҷонҳоро сайд кунанд! Оё шумо ҷонҳои қавми Маро сайд мекунед, то ки ҷонҳои худро зинда нигоҳ доред?

19 Ва Маро пеши қавми Ман барои як мушт ҷав ва як бурда нон беҳурмат мекунед, ва ба қавми Ман, ки ба суханони дурӯғ гӯш медиҳанд, дурӯғ гуфта, ҷонҳоеро, ки набояд бимиранд, мемиронед, ва ҷонҳоеро, ки набояд зинда монанд, зинда мемононед.

20 Бинобар ин Худованд Худо чунин мегӯяд: инак Ман ба бозубандҳои ҷодуи шумо зид ҳастам, ки ба воситаи онҳо ҷонҳоро мисли паррандагон сайд мекунед, ва Ман онҳоро аз болои бозуҳотон хоҳам канд, ва ҷонҳоеро, ки шумо сайд мекунед, раҳоӣ хоҳам дод, то ки он ҷонҳо парида раванд.

21 Ва чодирҳои шуморо хоҳам дарронид, ва қавми Худро аз дасти шумо раҳо хоҳам кард, ва онҳо дар дастатон дигар мавриди сайд нахоҳанд буд, ва хоҳед донист, ки Ман Худованд ҳастам.

22 Азбаски шумо дили марди одилро ба воситаи дурӯғи худ ғамгин мекунед, — ва ҳол он ки Ман намехостам ғамгин намоям, — ва дастҳои марди шарирро тақвият медиҳед, бе он ки вай аз рафтори бади худ тавба карда, зинда монад,

23 Бинобар ин дигар рӯъёҳои ботил нахоҳед дид ва фол нахоҳед кушод, ва Ман қавми Худро аз дасти шумо раҳо хоҳам кард, ва хоҳед донист, ки Ман Худованд ҳастам“».

14

БОБИ ЧОРДАҲУМ

Дар бораи пирони Ерусалим.

1 Ва назди ман чанд нафар аз пирони Исроил омаданд, ва ба ҳузури ман нишастанд.

2 Ва каломи Худованд бар ман нозил шуда, гуфт:

3 «Эй писари одам! Ин одамон бутҳои худро ба дили худ роҳ додаанд, ва васвасаи гуноҳи худро пеши рӯи худ гузоштаанд; оё месазад, ки Ман ба саволи онҳо ҷавоб гардонам?

4 Бинобар ин бо онҳо сухан ронда, ба онҳо бигӯй: „Худованд Худо чунин мегӯяд: ҳар касе ки аз хонадони Исроил бутҳои худро ба дили худ роҳ диҳад, ва васвасаи гуноҳи худро пеши рӯи худ бигузорад, ва назди набӣ биёяд, — Ман, ки Худованд ҳастам, ба касе ки омадааст, бо вуҷуди бисьёрии бутҳояш, ҷавоб хоҳам гардонид,

5 То хонадони Исроил бо дили худ фаҳм кунанд, ки ҳамаашон ба воситаи бутҳои худ аз Ман дур шудаанд“.

6 Бинобар ин ба хонадони Исроил бигӯй: „Худованд Худо чунин мегӯяд: тавба карда, аз бутҳои худ даст кашед, ва рӯйҳои худро аз ҳамаи корҳои зишти худ гардонед.

7 Зеро ҳар касе ки аз хонадони Исроил ва аз ғарибоне ки дар Исроил иқомат доранд, аз пайравии Ман дур шавад, ва бутҳои худро ба дили худ роҳ диҳад, ва васвасаи гуноҳи худро пеши рӯи худ бигузорад, ва назди набӣ омада, ба воситаи ӯ ба Ман савол диҳад, — Ман, ки Худованд ҳастам, Худам ба вай ҷавоб хоҳам гардонид.

8 Ва Ман рӯи Худро ба зидди он кас хоҳам нигаронид, ва ӯро вожгун хоҳам кард, то ки аломате ва зарбулмасале гардад, ва ӯро аз миёни қавми Худ маҳв хоҳам намуд, ва хоҳед донист, ки Ман Худованд ҳастам.

9 Ва агар набие фирефта шуда, сухане гӯяд, Ман, ки Худованд ҳастам, он набиро фирефта намудаам, ва дасти Худро бар ӯ дароз карда, ӯро аз миёни қавми Худ — Исроил — барҳам хоҳам дод.

10 Ва онҳо бори гуноҳи худро хоҳанд бардошт: гуноҳи саволдиҳанда чӣ гунае ки бошад, гуноҳи набӣ ҳамон гуна хоҳад буд,

11 То ки хонадони Исроил минбаъд аз пайравии Ман дур нашаванд, ва худро дигар бо ҳар навъ маъсиятҳои худ палид насозанд, балки қавми Ман бошанд, ва Ман Худои онҳо бошам, мегӯяд Худованд Худо“».

Ерусалим амон нахоҳад ёфт.

12 Ва каломи Худованд бар Ман нозил шуда, гуфт:

13 «Эй писари одам! Агар замине пеши Ман гуноҳ карда, ба дараҷаи хиёнат бирасад, ва Ман дасти Худро бар он дароз карда, муттакои нони онро бишканам, ва қаҳтӣ бар он фиристода, инсон ва ҳайвонро аз он маҳв намоям,

14 Ва агар ин се мард: Нӯҳ, Дониёл ва Айюб андаруни он бошанд, — онҳо бо адолати худ фақат ҷонҳои худро раҳо хоҳанд кард, мегӯяд Худованд Худо.

15 Ва агар ҳайвоноти даррандае ба он замин бифиристам, ки онро бефарзанд гардонанд, ва он ба харобазоре мубаддал шавад, ба тавре ки аз тарси он ҳайвонот касе аз он гузар накунад,

16 Гарчанде ки ин се мард андаруни он бошанд, ба ҳаёти Худам қасам ки, мегӯяд Худованд Худо, онҳо писарон ва духтарони худро раҳо нахоҳанд кард: танҳо худашон раҳоӣ хоҳанд ёфт, ва он замин ба харобазоре мубаддал хоҳад шуд.

17 Ё агар шамшере ба сари он замин биёрам ва бигӯям: „Эй шамшер, аз ин замин убур намо!“, ва инсону ҳайвонро аз он маҳв намоям,

18 Гарчанде ки ин се мард андаруни он бошанд, ба ҳаёти Худам қасам ки, мегӯяд Худованд Худо, онҳо писарон ва духтаронро раҳо нахоҳанд кард, балки танҳо худашон раҳоӣ хоҳанд ёфт.

19 Ё агар вабое ба он замин бифиристам, ва ғазаби Худро бар он бо хун фурӯ резам, то ки инсон ва ҳайвонро аз он маҳв намоям,

20 Гарчанде ки Нӯҳ, Дониёл ва Аӣюб андаруни он бошанд, ба ҳаёти Худам қасам ки, мегӯяд Худованд Худо, онҳо писаре ва духтареро раҳо нахоҳанд кард: онҳо бо адолати худ фақат ҷонҳои худро раҳо хоҳанд кард.

21 Зеро ки Худованд Худо чунин мегӯяд: ҳарчанд ки чор қасоси сахти Худ: шамшер ва қаҳтӣ ва ҳайвоноти дарранда ва ваборо бар Ерусалим бифиристам, то ки инсон ва ҳайвонро аз он маҳв намоям,

22 Вале инак бақияе дар он иборат аз писарон ва духтароне ки берун оварда мешаванд, боқӣ хоҳанд монд; инак онҳо назди шумо берун хоҳанд омад, ва шумо рафтор ва кирдори онҳоро хоҳед дид, ва дар мусибате ки бар Ерусалим овардаам, яъне дар ҳар чизе ки Ман ба сари он овардаам, тасаллӣ хоҳед ёфт.

23 Ва онҳо шуморо тасаллӣ хоҳанд дод, зеро ки рафтор ва кирдори онҳоро хоҳед дид; ва хоҳед донист, ки ҳар он чи Ман дар он кардаам, беҳуда накардаам, мегӯяд Худованд Худо».

15

БОБИ ПОНЗДАҲУМ

Рӯъё дар бораи токе ки дар оташ андохта шуд.

1 Ва каломи Худованд бар ман нозил шуда, гуфт:

2 «Эй писари одам! Дарахти ток аз ҳар дарахт чӣ бартарӣ дорад, ва навдаи он, ки дар миёни дарахтони ҷангал бошад?

3 Оё чӯбе аз он барои кардани коре гирифта мешавад? Оё мехе аз он мегиранд, то ки чизе бар он биовезанд?

4 Инак, онро барои сӯзонидан дар оташ меандозанд, ва оташ ду нӯгашро месӯзонад, ва миёнаи он нимсӯз мешавад; оё он барои коре боб аст?

5 Инак, вақте ки он том буд, барои коре боб набуд, алалхусус баъд аз он ки оташ онро сӯзонидааст, ва он нимсӯз шудааст, оё он барои коре боб аст?

6 Бинобар ин Худованд Худо чунин мегӯяд: чунон ки дарахти токро дар миёни дарахтони ҷангал Ман барои сӯзонидан ба оташ гирифтор кардаам, ончунон сокинони Ерусалимро гирифтор хоҳам кард.

7 Ва рӯи Худро ба зидди онҳо хоҳам нигаронид: онҳо аз як оташ берун омадаанд, вале оташи дигар онҳоро хоҳад сӯзонид. Ва чун рӯи Худро ба зидди онҳо нигаронам, хоҳед донист, ки Ман Худованд ҳастам.

8 Ва ба сабаби хиёнате ки онҳо кардаанд, Ман ин заминро харобазор хоҳам сохт, мегӯяд Худованд Худо».

16

БОБИ ШОНЗДАҲУМ

Дар бораи қабоҳатҳо дар Ерусалим.

1 Ва каломи Худованд бар ман нозил шуда, гуфт:

2 «Эй писари одам! Ерусалимро аз корҳои зишташ огоҳ намо,

3 Ва бигӯй: Худованд Худо ба Ерусалим чунин мегӯяд: насаб ва зодгоҳи ту аз замини Канъон аст; падарат амӯрӣ ва модарат ҳиттӣ буд.

4 Ва таваллуди ту чунин аст: дар рӯзе ки зоида шудӣ, нофатро набуриданд, ва туро дар об барои татҳир ғусл надоданд, ва намакоб намолиданд, ва парпеч накарданд.

5 Чашме бар ту нигоҳубин накард, то ки ба ту дилсӯзӣ намуда, яке аз ин корҳоро барои ту ба ҷо оварад; балки дар рӯзе ки ту зоида шудӣ, аз ҳаёти ту нафрат карда, туро бар рӯи саҳро партофтанд.

6 Ва Ман аз пешат гузар карда, туро дар хунҳоят ҷӯлида дидам, ва ба ту гуфтам: „Дар хунҳоят зинда бимон!“ Ва ба ту гуфтам: „Дар хунҳоят зинда бимон!“

7 Ва туро мисли набототи саҳро бағоят афзун кардам, ва ту нумӯ ёфта, калон шудӣ ва ба камоли ҳусну адо расидӣ: пистонҳоят баланд ва мӯйҳоят дароз шуд, вале ҳанӯз бараҳна ва урьён будӣ.

8 Ва Ман аз пешат гузар карда, туро дидам, ва инак, замони ту замони муҳаббат буд, ва Ман сояи Худро бар ту паҳн кардам, ва урьёнии туро пӯшонидам, ва ба ту қасам хӯрдам, ва бо ту аҳд бастам, мегӯяд Худованд Худо, ва ту аз они Ман шудӣ.

9 Ва туро дар об ғусл додам, ва хунҳоятро аз баданат шустам, ва туро бо равған тадҳин намудам.

10 Ва туро пероҳани гулдӯзӣ, ва кафши чармин, ва рӯймоли катони нозук, ва ҷомаи абрешимин пӯшонидам.

11 Ва туро бо асбоби зинат оро дода, дастпонаҳо бар дастҳоят ва тавқ бар гарданат наҳодам.

12 Ва ҳалқа бар биният, ва гӯшвораҳо бар гӯшҳоят, ва афсари ҷалол бар сарат гузоштам.

13 Ва ту бо тилло ва нуқра зинат ёфтӣ, ва либосат аз катони нозук ва абрешим ва матои гулдӯзӣ иборат буд; орди маҳин ва асал ва равған мехӯрдӣ, ва ҳусну адоят ниҳоятдараҷа афзуда, ту сазовори шавкати подшоҳӣ гардидӣ.

14 Ва номи ту ба сабаби ҳуснат дар миёни халқҳо шӯҳрат ёфт, зеро ки он ба хотири шавкате ки Ман ба ту бахшида будам, комил гардид, мегӯяд Худованд Худо.

15 Валекин ту бар ҳусни худ таваккал намудӣ, ва аз номи худ истифода бурда, зино кардӣ, ва зинои худро бар ҳар роҳгузаре фурӯ рехтӣ, ва ҳуснат аз они вай шуд.

16 Ва аз либосҳои худ гирифта, барои худ баландиҳои рангин сохтӣ, ва бар онҳо зино кардӣ, ки чунин ҳодиса ҳаргиз рӯй надодааст ва набояд рӯй диҳад.

17 Ва асбоби зинати худро аз тилло ва нуқраи Ман, ки ба ту дода будам, гирифта, бутҳои нарина барои худ сохтӣ, ва бо онҳо зино кардӣ.

18 Ва либосҳои гулдӯзии худро гирифта, бар он бутҳо пӯшондӣ, ва равған ва бухури Маро пеши онҳо гузоштӣ.

19 Ва нони Маро, ки ба ту дода будам, орди маҳин ва равған ва асалеро, ки хӯроки ту гардонида будам, ту пеши онҳо ҳамчун хушбӯии дилпазире гузоштӣ, ва чунин шуд, мегӯяд Худованд Худо.

20 Ва писарону духтаронатро, ки барои Ман зоида будӣ, гирифта, ба сифати хӯроки бутҳо забҳ кардӣ. Оё зинокории ту кам буд,

21 Ки писарони Маро кушта, ба онҳо додӣ, ба тавре ки барояшон онҳоро аз оташ гузарондӣ.

22 Ва дар тамоми аъмоли зишт ва зинокории худ ту айёми ҷавонии худро ба ёд наовардӣ, ки он вақт бараҳна ва урьён буда, дар хунҳоят ҷӯлида мехобидӣ.

23 Ва Худованд Худо мегӯяд: эй вой бар ту, вой бар ту, ки баъд аз ҳамаи бадкирдориҳои худ

24 Ту теппаҳо барои худ сохтӣ, ва баландиҳо дар ҳар майдон барои худ барпо кардӣ.

25 Дар сари ҳар роҳ баландиҳои худро сохта, ҳусни худро нангин кардӣ, ва барои ҳар роҳгузаре пойҳои худро кушода, зиноҳоятро афзун намудӣ.

26 Ва бо ҳамсоягони худ — писарони Миср, ки узви бузург доранд, зино кардӣ, ва зинокории худро афзуда, хашми Маро ба ҷӯш овардӣ.

27 Ва инак Ман дасти Худро бар ту ёзонида, насибаатро кам кардам, ва туро ба иштиёқи бадхоҳонат — духтарони фалиштӣ, ки аз рафтори фоҳишонаи ту шарм доштанд, супурдам.

28 Ва азбаски сер нашудӣ, бо писарони Ашшур зино кардӣ; вале бо онҳо низ зино карда, сер нашудӣ.

29 Ва зинокории худро то замини тоҷирон, яъне калдониён, афзун кардӣ, вале бо ин низ сер нашудӣ.

30 Дили ту чӣ қадар бемаҷол шуда бошад — мегӯяд Худованд Худо, — ки тамоми ин аъмолро, ки аъмоли зани фоҳишаи худсар аст, ба ҷо овардаӣ!

31 Вақте ки ту теппаҳои худро дар сари ҳар роҳ сохтӣ, ва баландиҳои худро дар ҳар майдон барпо кардӣ, мисли фоҳишаҳои дигар набудӣ, чунки музди зиноятро тамасхур менамудӣ,

32 Балки зани зинокоре будӣ, ки ба ҷои шавҳари худ бегонаҳоро мепазирад.

33 Ба ҳамаи фоҳишагон музди зино медиҳанд, валекин ту ба ҳамаи ошиқонат музди зиноятро медодӣ, ва онҳоро бо ришва мехаридӣ, то ки аз ҳар тараф назди ту барои зинокорихоят биёянд.

34 Ва рафтори ту дар зинокорият бар акси занони дигар буд: касе толиби зинои ту набуд, аз ин рӯ ту музди зино медодӣ, вале касе ба ту музди зино намедод, ва рафторат ҳамин тавр бар акси дигарон буд.

35 Бинобар ин, эй фоҳиша, каломи Худовандро бишнав!

36 Худованд Худо чунин мегӯяд: аз барои он ки аврати ту кушода шуд, ва урьёнии ту дар зинокориҳоят пеши ошиқони ту ва пеши ҳамаи бутҳои қабеҳи ту ошкор гардид, ва аз барои хуни писаронат, ки ба онҳо додӣ, —

37 Аз барои ҳамин, инак Ман ҳамаи ошиқонатро, ки бо онҳо кайфу сафо мекардӣ, ва ҳамаи онҳоеро, ки дӯст медоштӣ, бо ҳамаи онҳое ки бад медидӣ, ҷамъ хоҳам кард; ва онҳоро аз ҳар тараф ба муқобили ту ҷамъ карда, урьёнии туро пеши онҳо ошкор хоҳам кард, то ки онҳо урьёнии туро бубинанд.

38 Ва бар ту чун бар заноне ки зино мекунанд ва хун мерезанд, доварӣ хоҳам намуд, ва хунатро бо ғазаб ва рашк хоҳам рехт.

39 Ва туро ба дасти ошиқонат хоҳам супурд, ва онҳо теппаҳоятро вайрон ва баландиҳоятро хароб хоҳанд кард, ва либосҳоятро аз ту хоҳанд кашид, ва асбоби зебу зинататро хоҳанд гирифт, ва туро бараҳна ва урьён хоҳанд гузошт.

40 Ва издиҳомеро ба зидди ту бархезонида, бо сангҳо туро сангсор хоҳанд намуд, ва бо шамшерҳои худ туро пора‐пора хоҳанд кард.

41 Ва хонаҳоятро ба оташ хоҳанд сӯзонид, ва дар пеши назари занони бисьёр бар ту доварӣ хоҳанд кард, ва Ман ба зинокории ту хотима хоҳам дод, ва ту дигар музди зино нахоҳӣ дод.

42 Ва хашми Худро бар ту фурӯ хоҳам нишонид, ва рашки Ман аз ту хоҳад баргашт, ва Ман ором шуда, дигар ғазаб нахоҳам кард.

43 Аз барои он ки айёми ҷавонии худро ба ёд наовардӣ, ва Маро бо ҳамаи ин хашмгин кардӣ, инак Ман низ подоши рафторатро бар сарат овардам, мегӯяд Худованд Худо. Оё ту ин фисқу фуҷурро ба замми ҳамаи корҳои зишти худ ба амал наовардӣ?

44 Инак, ҳар кӣ масал мезанад, дар ҳаққи ту масал зада, хоҳад гуфт: „Духтар чӣ гуна аст, модар намуна аст“.

45 Ту духтари модари худ ҳастӣ, ки вай аз шавҳар ва писаронаш нафрат дошт; ва ту хоҳари хоҳарони худ ҳастӣ, ки онҳо аз шавҳарон ва писарони худ нафрат доштанд. Модари шумо ҳиттӣ буд, ва падари шумо — амӯрӣ.

46 Ва хоҳари калонии ту Сомария аст, ки бо духтаронаш дар шимоли ту сукунат дорад; ва хоҳари хурдии ту, ки дар ҷануби ту сокин аст, Садӯм бо духтаронаш мебошад.

47 Оё ту бо роҳҳои онҳо нарафтӣ ва мисли корҳои зишти онҳо амал накардӣ? Ин ба назари ту кам буд, ки дар тамоми рафтори худ аз онҳо зиёдтар ба фисқу фуҷур дода шудӣ.

48 Ба ҳаёти Худам қасам ки, мегӯяд Худованд Худо, хоҳарат Садӯм, худаш ва духтаронаш, он корҳоро накардаанд, ки ту ва духтаронат кардаед.

49 Инак, гуноҳи хоҳарат Садӯм аз ин иборат буд: кибриё, фаровонии нон ва фароғати комил барои вай ва духтаронаш буд, вале мискину бенаворо вай дастгирӣ накард.

50 Ва онҳо гирифтори ғурур гардида, пеши Ман корҳои зишт карданд, ва инро дида, онҳоро маҳв намудам.

51 Ва Сомария нисфи гуноҳҳои туро содир нанамудааст, ва ту корҳои зишти худро аз онҳо зиёд кардӣ, ва бо ҳамаи корҳои зишти худ, ки ба амал овардӣ, хоҳаронатро сафед намудӣ.

52 Пас ту низ, ки хоҳаронатро маҳкум менамудӣ, бори нанги худро бардор; назар ба гуноҳҳои ту, ки аз онҳо зиёдтар корҳои зишт кардӣ, онҳо аз ту сафедтар мебошанд; пас ту низ, ки хоҳаронатро сафед намудӣ, хиҷил шав ва бори нанги худро бардор.

53 Ва Ман асорати онҳоро: асорати Садӯм ва духтаронаш, ва асорати Сомария ва духтаронаш, ва дар миёни онҳо асорати асирони туро хоҳам баргардонид,

54 То ки ту бори нанги худро бардорӣ, ва аз ҳар чи кардаӣ, нангин шавӣ, чунки онҳоро тасаллӣ додаӣ.

55 Ва хоҳаронат: Садӯм ва духтаронаш ба вазъияти пештараи худ хоҳанд баргашт; ва Сомария ва духтаронаш ба вазъияти пештараи худ хоҳанд баргашт; ва ту ва духтаронат ба вазъияти пештараи худ хоҳед баргашт.

56 Оё хоҳарат Садӯм дар айёми кибриёи ту вирди забони ту набуд,

57 Пеш аз он ки шарорати ту ошкор гардид, мисли он замоне ки духтарони Арам ва тамоми гирду атрофи он туро мазаммат мекарданд, ва духтарони фалиштиён, ки аз ҳар ҷониб аз ту нафрат доштанд?

58 Пас ҷазои фисқу фуҷур ва корҳои зишти худро ту акнун хоҳӣ кашид, мегӯяд Худованд.

59 Зеро ки Худованд Худо чунин мегӯяд: Ман бо ту ончунон амал хоҳам кард, ки ту амал кардаӣ, яъне савгандро хор дониста, аҳдро шикастаӣ.

60 Валекин Ман аҳди Худро, ки дар айёми ҷавоният бо ту бастаам, ба ёд хоҳам овард, ва аҳди ҷовидоние бо ту аз нав барқарор хоҳам кард.

61 Ва ту рафтори худро ба ёд оварда, хиҷил хоҳӣ шуд, вақте ки хоҳарони калонӣ ва хурдии худро қабул намоӣ, ва Ман онҳоро ба ту ҳамчун духтарон бидиҳам, вале на бар тибқи аҳди ту,

62 Балки Ман аҳди Худро бо ту аз нав барқарор хоҳам кард, ва ту хоҳӣ донист, ки Ман Худованд ҳастам,

63 То ки ту ба ёд оварда, хиҷил шавӣ, ва минбаъд ба сабаби нанги худ даҳонатро накушоӣ, вақте ки Ман ҳар чиро, ки ту кардаӣ, ба ту биомурзам, мегӯяд Худованд Худо».

17

БОБИ ҲАФДАҲУМ

Масал дар бораи уқоби бузург.

1 Ва каломи Худованд бар ман нозил шуда, гуфт:

2 «Эй писари одам! Муаммое бигӯй ва масале дар бораи хонадони Исроил бизан,

3 „Ва бигӯй: Худованд Худо чунин мегӯяд: уқоби бузург, ки болҳояш калон, дарозустухон ва пур аз парҳои рангин буд, ба Лубнон омад ва сари арзро гирифт.

4 Сари навдаҳои онро канда, ба замини тоҷирон овард, онро дар шаҳри савдогарон гузошт.

5 Ва аз тухми он замин гирифта, онро дар мазрааи бороваре кошт, назди обҳои фаровон ҷойгир кард, чунон ки дарахти бедро мешинонанд.

6 Ва он нумӯ ёфта, токи васеи пастқомате шуд, ки навдаҳояш сӯи вай моил буд, ва решаҳояш дар зери вай буд, ва он ба токе мубаддал гардида, шохаҳо расонид ва навдаҳо дод.

7 Ва уқоби бузурги дигаре буд, ки болҳои калон ва парҳои бисьёр дошт; ва инак, ин ток решаҳояшро бар вай печонид, ва навдаҳояшро аз ҷӯякҳое ки дар онҳо ҷойгир шуда буд, сӯи вай равона кард, то ки вай онро об диҳад.

8 Он дар мазрааи хубе, назди обҳои фаровон шинонида шуда буд, то ки шохаҳо расонида, мева диҳад ва токи боҳашамате гардад.

9 Бигӯй: Худованд Худо чунин мегӯяд: оё он муваффақият хоҳад ёфт? Вай, охир, решаҳои онро хоҳад барканд, ва меваи онро пора‐пора ва хушк хоҳад кард; ҳамаи баргҳои тару тозаи он хушк хоҳад шуд; ва он бе қуввати бузурге ва мардуми зиёде решакан карда хоҳад шуд.

10 Ва инак, агарчи он шинонида шуда бошад, оё муваффақият хоҳад ёфт? Охир, ҳамин ки боди шарқӣ ба он бирасад, он тамоман хушк хоҳад шуд, дар ҷӯякҳои нумӯи худ хоҳад хушкид“».

Муроҷиат ба хонадони исьёнгар.

11 Ва каломи Худованд бар ман нозил шуда, гуфт:

12 «Ба хонадони исьёнгар бигӯй: „оё намедонед, ки инҳо чӣ маънӣ дорад? Бигӯй: инак подшоҳи Бобил ба Ерусалим омад, ва подшоҳи он ва сарварони онро гирифт, ва онҳоро назди худ ба Бобил овард.

13 Ва аз насли подшоҳ гирифт, ва бо ӯ аҳд баст, ва ӯро қасам дод, ва зӯроварони заминро гирифта бурд,

14 То ки мамлакат сарпаст гардида, қомат баланд накунад, ва аҳди варо риоя намуда, дар он устувор бошад.

15 Валекин ӯ ба зидди вай исьён карда, қосидони худро ба Миср фиристод, то ки ба ӯ аспон ва мардуми зиёде бидиҳанд. Оё ӯ муваффақият хоҳад ёфт? Оё касе ки ин корҳоро кардааст, метавонад ҷон ба саломат барад? Ва оё касе ки аҳдро поймол намудааст, метавонад ҷон ба саломат барад?

16 Ба ҳаёти Худам қасам ки, мегӯяд Худованд Худо, ӯ дар макони ҳамон подшоҳе ки ӯро подшоҳ таъин кардааст, ва ӯ қасами варо хор дида, аҳди варо поймол намудааст, назди вай андаруни Бобил хоҳад мурд.

17 Ва фиръавн ӯро дар ҷанг бо қуввати бузурге ва мардуми зиёде дастгирӣ нахоҳад кард, вақте ки хокрез барпо намоянд ва истеҳкомот бисозанд, то ки ҷонҳои бисьёрро несту нобуд кунанд.

18 Ва ӯ қасамро хор дид, то ки аҳдро поймол намояд; ва инак, агарчи дасти байат дода буд, ҳамаи ин корҳоро кард, пас ҷон ба саломат нахоҳад бурд.

19 Бинобар ин Худованд Худо чунин мегӯяд: ба ҳаёти Худам қасам ки савганди Маро, ки ӯ хор дид, ва аҳди Маро, ки ӯ поймол намуд, Ман бар сари ӯ хоҳам овард.

20 Ва доми Худро бар ӯ хоҳам афканд, ва ӯ дар тӯри Ман хоҳад афтод; ва Ман ӯро ба Бобил хоҳам овард, ва дар он ҷо барои хиёнате ки дар ҳаққи Ман кард, бар ӯ доварӣ хоҳам намуд.

21 Ва ҳамаи гурезаҳои ӯ дар ҳамаи фавҷҳояш аз шамшер хоҳанд афтод, ва боқимондагон ба сӯи ҳар бод пароканда хоҳанд шуд; ва хоҳед донист, ки Ман, ки Худованд ҳастам, гуфтам“.

22 Худованд Худо чунин мегӯяд: „Ва Ман навдае аз сари арзи баланд гирифта, онро хоҳам шинонид: аз миёни шохаҳои сари он Ман навдаи тару тозае хоҳам барканд, ва онро бар кӯҳи баланди ростбаромадае хоҳам шинонид.

23 Бар кӯҳи сарбаланди Исроил онро хоҳам шинонид, ва он, шохаҳо расонида, мева хоҳад дод, ва арзи боҳашамате хоҳад шуд, ва ҳар навъ мурғон, ҳар гуна болдорон дар таги он сокин хоҳанд шуд, дар сояи навдаҳояш лона хоҳанд сохт.

24 Ва ҳамаи дарахтони саҳро хоҳанд донист, ки Ман, ки Худованд ҳастам, дарахти баландро паст мекунам, дарахти пастро баланд месозам, дарахти сабзро мехушконам, ва дарахти хушкро сабзу хуррам мегардонам. Ман, ки Худованд ҳастам, гуфтам ва ба амал хоҳам овард“».

18

БОБИ ҲАЖДАҲУМ

Дастурҳои гуногун ба Исроиле ки ба асирӣ рафтааст.

1 Ва каломи Худованд бар ман нозил шуда, гуфт:

2 «Чаро шумо ин масалро дар замини Исроил зада, мегӯед:

„Падарон ғӯра хӯрдаанд,

вале дандонҳои писарон кунд шудааст“?

3 Ба ҳаёти Худам қасам ки, мегӯяд Худованд Худо, минбаъд шуморо касе нахоҳад буд, ки ин масалро дар Исроил ба забон оварад.

4 Инак ҳамаи ҷонҳо аз они Ман аст; хоҳ ҷони падар ва хоҳ ҷони писар аз они Ман аст; ҷоне ки гуноҳ карда бошад, хоҳад мурд.

5 Ва касе агар одил бошад ва адлу инсофро ба амал оварад:

6 Бар кӯҳҳо нахӯрад, ва чашмонашро сӯи бутҳои хонадони Исроил баланд накунад, ва зани ёри худро палид насозад, ва ба зани ҳоиза наздикӣ нанамояд,

7 Ва ҳеҷ касро ба танг наоварад, ба қарздор гарави варо баргардонад, ғорат накунад, нони худро ба гуруснае бидиҳад ва бараҳнаро либосе бипӯшонад,

8 Пулашро ба фоида надиҳад ва суд нагирад, аз ноинсофӣ даст кашад, дар миёни одамон доварии ҳақиқиро ба ҷо оварад,

9 Бар тибқи фароизи Ман рафтор кунад ва дастурҳои Маро нигоҳ дошта, дар роҳи ростӣ амал намояд, чунин кас одил аст, ва ҳатман зинда хоҳад монд, мегӯяд Худованд Худо.

10 Аммо агар ӯ писари ҷафокор ва хунрезе ба дуньё оварда бошад, ки вай яке аз ин корҳои бадро бикунад,

11 Вале ҳамаи ин корҳои некро накунад, балки бар кӯҳҳо низ бихӯрад, ва зани ёри худро палид созад,

12 Мискин ва бенаворо фиреб диҳад, ғорат намояд, гаравро барнагардонад, ва чашмонашро сӯи бутҳо баланд кунад, корҳои зиштро ба ҷо оварад,

13 Пулашро ба фоида диҳад ва суд гирад, оё вай зинда хоҳад монд? Вай зинда нахоҳад монд! Модоме ки вай ҳамаи ин корҳои зиштро ба ҷо овардааст, албатта хоҳад мурд, хунаш бар гарданаш хоҳад буд.

14 Ва агар ӯ писаре ба дуньё оварда бошад, ки вай ҳамаи гуноҳҳоеро, ки падараш ба амал меоварад, дидааст, ва онҳоро дида, мисли онҳо амал накунад:

15 Бар кӯҳҳо наҳӯрад, ва чашмонашро сӯи бутҳои хонадони Исроил баланд накунад, зани ёрашро палид насозад,

16 Ва касеро фиреб надиҳад, гарав нагирад, ғорат накунад, нони худро ба гуруснае бидиҳад ва бараҳнаро либосе бипӯшонад,

17 Ба мискин дасти тааддӣ дароз накунад, фоида ва суд нагирад, дастурҳои Маро ба ҷо оварад ва бар тибқи фароизи Ман рафтор намояд, вай барои гуноҳи падараш нахоҳад мурд, балки ҳатман зинда хоҳад монд.

18 Падари вай, азбаски бо истисмор машғул буд, бародарашро ғорат менамуд, ва андаруни қавми худ корҳои бад мекард, инак ӯ ба гуноҳи худ хоҳад мурд.

19 Вале шумо мегӯед: „Чаро писар гуноҳи падарро намебардорад?“ Чунки писар адлу инсофро ба амал овардааст, тамоми фароизи Маро риоя намудааст, ва онҳоро ба ҷо меоварад, — вай ҳатман зинда хоҳад монд.

20 Ҷоне ки гуноҳ карда бошад, хоҳад мурд: писар бори гуноҳи падарро нахоҳад бардошт, ва падар бори гуноҳи писарро нахоҳад бардошт; адолати одил бар худаш хоҳад буд, ва шарорати шарир бар худаш хоҳад буд.

21 Ва агар шарир аз ҳамаи гуноҳҳое ки ба амал овардааст, тавба кунад, ва тамоми фароизи Маро риоя намояд ва адлу инсофро ба амал оварад, ҳатман зинда хоҳад монд, ӯ нахоҳад мурд.

22 Ҳамаи ҷиноятҳое ки ӯ ба амал овардааст, дар ҳаққи ӯ ба ёд оварда нахоҳад шуд; ӯ бо адолате ки ба амал овардааст, зинда хоҳад монд.

23 Оё Ман мавти шарирро хоҳонам? — мегӯяд Худованд Худо. — Балки онро хоҳонам, ки ӯ аз рафтори худ тавба карда, зинда монад.

24 Ва агар одиле аз адолати худ даст кашида, ноинсофӣ кунад, яъне мисли ҳамаи корҳои зиште ки шарир мекунад, амал намояд, оё ӯ зинда хоҳад монд? Тамоми аъмоли одилонае ки ӯ ба ҷо овардааст, ба ёд оварда нахоҳад шуд; ӯ дар хиёнати худ, ки ба амал овардааст, ва дар гуноҳи худ, ки кардааст, хоҳад мурд.

25 Вале шумо мегӯед: „Роҳи Худованд боинсоф нест!“ Лутфан, эй хонадони Исроил, бишнавед! Оё роҳи Ман боинсоф нест? Роҳҳои шумо, охир, боинсоф нест.

26 Агар одил аз адолати худ даст кашида, ноинсофӣ кунад, аз боиси он хоҳад мурд; ӯ аз боиси ноинсофие ки кардааст, хоҳад мурд.

27 Ва агар шарир аз шарорате ки ба амал овардааст, тавба кунад, ва адлу инсофро ба ҷо оварад, ӯ ҷони худро зинда нигоҳ хоҳад дошт.

28 Ӯ, ки назар андохта, аз ҳамаи ҷиноятҳои худ, ки ба амал оварда буд, тавба кардааст, ҳатман зинда хоҳад монд, ӯ нахоҳад мурд.

29 Вале хонадони Исроил мегӯянд: „Роҳи Худованд боинсоф нест!“ Оё роҳҳои Ман боинсоф нест, эй хонадони Исроил? Роҳҳои шумо, охир, боинсоф нест!

30 Бинобар ин Ман ҳар яке аз шуморо, эй хонадони Исроил, бар тибқи роҳҳояш доварӣ хоҳам намуд, мегӯяд Худованд Худо; тавба карда, аз ҳамаи ҷиноятҳои худ даст кашед, то ки ин барои шумо васвасаи гуноҳ нашавад.

31 Ҳамаи ҷиноятҳои худро, ки ба амал овардаед, аз худ дур андозед, ва дили тоза ва рӯҳи тозае барои худ ба вуҷуд оваред; ва чаро шумо, эй хонадони Исроил, бимиред?

32 Зеро ки Ман мавти шахси мирандаро хоҳон нестам, мегӯяд Худованд Худо; тавба кунед, ва зинда хоҳед монд!»

19

БОБИ НУЗДАҲУМ

Андӯҳ дар бораи сарварони Исроил.

1 Ва ту дар ҳаққи раисони Исроил навҳа намо, ва бигӯй:

2 «Модарат чӣ модашере буд!

Дар миёни шерон мехобид,

андаруни шерони ҷавон бачаҳояшро мепарварид.

3 Ва яке аз бачаҳояшро калон кард,

ки вай шери ҷавон шуд,

ва даридани нахҷирро ёд гирифт;

одамонро мехӯрд.

4 Ва халқҳо овозаи варо шуниданд;

вай дар чоҳи онҳо афтод;

ва дар бинияш ҳалқа зада,

варо ба замини Миср бурданд.

5 Ва модараш, ки дар интизор буд,

чун дид, ки умедаш барбод рафт,

як бачаи дигарашро гирифта,

онро шери ҷавон гардонид.

6 Ва он андаруни шерон мегашт,

шери ҷавоне шуд,

ва даридани нахҷирро ёд гирифт;

одамонро мехӯрд.

7 Ва қасрҳои онҳоро хароб,

ва шаҳрҳошонро вайрон мекард;

ва замин ва ҳар чи дар он буд,

аз овози наъраи он валангор гардид.

8 Ва халқҳо аз кишварҳои

гирду атроф ба вай ҳуҷум карданд,

ва тӯри худро бар вай партофтанд:

вай дар чоҳи онҳо дастгир шуд;

9 Ва дар бинияш ҳалқа зада,

онро дар қафас ҷойгир карданд,

ва онро назди подшоҳи Бобил бурданд;

онро дар тӯр андохта бурданд,

то ки овозаш дигар бар кӯҳҳои Исроил шунида нашавад.

10 Модарат, ту барин,

мисли ток назди обҳо шинонида шуда буд,

аз обҳои фаровон сермева ва сершоха буд;

11 Ва шохаҳои бақувват барои чӯбдастҳои султонон дошт,

ва қадаш дар миёни навдаҳои пурбарг бағоят баланд шуд,

бо баландии худ ва бо шохаҳои бисьёри худ ба назар намоён буд.

12 Вале бо ғазаб решакан карда бар замин андохта шуд,

ва боди шарқӣ онро хушконид;

шохаҳои бақуввати он шикаста, хушк шуд,

ва оташ онҳоро сӯзонид.

13 Ва алҳол он дар биёбон,

дар замини хушк ва ташна шинонида шудааст.

14 Ва аз танаи навдаҳояш оташ берун омада,

меваи онро сӯзонид, ва як шохаи бақувват барои чӯбдасти султон боқӣ намондааст».

Ин суруди навҳа аст,

ва суруди навҳа хоҳад буд.

20

БОБИ БИСТУМ

Худованд аз Исроил барои беитоатии вай интиқом гирифт.

1 Ва чунин воқеъ шуд, ки дар соли ҳафтум, дар рӯзи даҳуми моҳи панҷум, чанд нафар аз пирони Исроил барои талабидани Худованд омаданд, ва пеши ман нишастанд.

2 Ва каломи Худованд бар ман нозил шуда, гуфт:

3 «Эй писари одам! Бо пирони Исроил сухан ронда, ба онҳо бигӯй: „Худованд Худо чунин мегӯяд: оё шумо барои талабидани Ман омадаед? Ба ҳаёти Худам қасам ки талабиши шуморо иҷобат нахоҳам кард, мегӯяд Худованд Худо“.

4 Оё бар онҳо доварӣ хоҳӣ кард, доварӣ хоҳӣ кард, эй писари одам? Пас аъмоли зишти падарони онҳоро ба онҳо баён намо.

5 Ва ба онҳо бигӯй: „Худованд Худо чунин мегӯяд: дар он рӯзе ки Исроилро баргузидам, ва дасти Худро барои насли хонадони Яъқуб боло бардоштам+ 20:5 Дастро боло бардоштан маънои қасам хӯрданро дорад., ва Худро ба онҳо дар замини Миср зоҳир сохтам, ва дасти Худро барои онҳо боло бардошта, гуфтам: «Ман Худованд Худои шумо ҳастам!» —

6 Дар он рӯз дасти Худро барои онҳо боло бардоштам, ки онҳоро аз замини Миср ба замине ки барояшон хуш кардаам, берун оварам, ба замине ки шир ва асал дар он ҷорист, ба замине ки гузини ҳамаи заминҳост.

7 Ва ба онҳо гуфтам: ҳар кадоматон қабоҳатҳои пеши чашмони худро дур андозед ва бо бутҳои Миср худро палид насозед: Ман Худованд Худои шумо ҳастам.

8 Валекин онҳо ба зидди Ман исьён карданд, ва нахостанд ба Ман гӯш диҳанд: ҳеҷ кадомашон қабоҳатҳои пеши чашмони худро дур наандохтанд, ва бутҳои Мисрро тарк накарданд; ва Ман гуфтам, ки ғазаби Худро бар онҳо фурӯ хоҳам рехт, ва хашми Худро андаруни замини Миср бар онҳо ба итмом хоҳам расонид.

9 Вале ба хотири исми Худ амал кардам, то ки он дар пеши назари халқҳо хор нашавад, — халқҳое ки онҳо дар миёнашон буданд, ва Ман Худро дар пеши назарашон ба онҳо зоҳир сохтам, то ки онҳоро аз замини Миср берун оварам.

10 Ва Ман онҳоро аз замини Миср берун овардам, ва онҳоро ба биёбон бурдам,

11 Ва фароизи Худро ба онҳо додам, ва дастурҳои Худро ба онҳо эълон намудам, ки ҳар кӣ онҳоро ба ҷо оварад, ба воситаи онҳо зинда хоҳад монд.

12 Ва шанбеҳои Худро низ ба онҳо бахшидам, то аломате дар миёни Ман ва онҳо бошад, ва онҳо бидонанд, ки Ман, ки Худованд ҳастам, онҳоро тақдис менамоям.

13 Валекин хонадони Исроил дар биёбон ба зидди Ман исьён карданд: бар тибқи фароизи Ман рафтор нанамуданд ва аз дастурҳои Ман, ки ҳар кӣ онҳоро бо ҷо оварад, ба воситаи онҳо зинда хоҳад монд, нафрат карданд, ва шанбеҳои Маро бағоят хор шумурданд; ва Ман гуфтам, ки ғазаби Худро бар онҳо фурӯ рехта, онҳоро дар биёбон маҳв хоҳам кард.

14 Вале ба хотири исми Худ амал кардам, то ки он дар пеши назари халқҳо хор нашавад, — халқҳое ки онҳоро дар пеши назарашон берун овардам.

15 Ва низ дасти Худро барои онҳо дар биёбон боло бардоштам, ки онҳоро ба замине ки додаам, наоварам, ба замине ки шир ва асал дар он ҷорист, ба замине ки гузини ҳамаи заминҳост,

16 Чунки онҳо аз дастурҳои Ман нафрат карданд, ва бар тибқи фароизи Ман рафтор нанамуданд, ва шанбеҳои Маро хор шумурданд, зеро ки дили онҳо пайрави бутҳошон буд.

17 Вале чашми Ман бар онҳо риққат оварда, аз нобуд карданашон даст кашидам, ва онҳоро дар биёбон маҳв накардам.

18 Ва ба писарони онҳо дар биёбон гуфтам: бар тибқи фароизи падарони худ рафтор накунед, ва дастурҳои онҳоро нигоҳ надоред, ва худро бо бутҳои онҳо палид насозед.

19 «Ман Худованд Худои шумо ҳастам: бар тибқи фароизи Ман рафтор кунед, ва дастурҳои Маро нигоҳ доред ва онҳоро ба ҷо оваред;

20 Ва шанбеҳои Маро тақдис намоед, то ки аломате дар миёни Ман ва шумо бошад, ва бидонед, ки Ман Худованд Худои шумо ҳастам».

21 Вале писарон ба зидди Ман исьён карданд: бар тибқи фароизи Ман рафтор нанамуданд, ва дастурҳои Маро нигоҳ надоштанд, то ки онҳоро ба ҷо оваранд, ва ҳол он ки ҳар кӣ онҳоро ба ҷо оварад, ба воситаи онҳо зинда хоҳад монд; шанбеҳои Маро хор шумурданд; ва Ман гуфтам, ки ғазаби Худро бар онҳо фурӯ рехта, хашми Худро бар онҳо дар биёбон ба итмом хоҳам расонид.

22 Валекин дасти Худро ақиб кашида, ба хотири исми Худ амал кардам, то ки он дар пеши назари халқҳо хор нашавад, — халқҳое ки онҳоро дар пеши назарашон берун овардам.

23 Ман низ дасти Худро барои онҳо дар биёбон боло бардоштам, ки онҳоро дар миёни халқҳо пароканда намоям ва онҳоро дар кишварҳо парешон созам,

24 Чунки онҳо дастурхои Маро ба ҷо наоварданд, ва аз фароизи Ман нафрат карданд, ва шанбеҳои Маро хор шумурданд, ва чашмони онҳо ба сӯи бутҳои падаронашон нигарон буд.

25 Ва Ман низ ба онҳо фароизе додам, ки некӯ набуд, ва дастурҳое ки ба воситаи онҳо наметавонистанд зинда монанд.

26 Ва онҳоро вогузоштам, ки ба воситаи ҳадияҳои худашон, яъне ба воситаи аз оташ гузаронидани ҳар раҳимкушо, палид шаванд, то ки онҳоро хонавайрон созам, ва онҳо бидонанд, ки Ман Худованд хастам“.

27 Бинобар ин, эй писари одам, бо хонадони Исроил сухан ронда, ба онҳо бигӯй: „Худованд Худо чунин мегӯяд: боз бо ин Маро падарони шумо таҳқир намуда, дар ҳаққи Ман хиёнат карданд:

28 Ҳангоме ки Ман онҳоро ба замине овардам, ки дасти Худро боло бардошта будам, то онро ба онҳо бидиҳам, онҳо ҳар теппаи баланд ва ҳар дарахти сершохаро дида, қурбониҳои худро дар он ҷо забҳ карданд, ва қурбониҳои ғазабангези худро ба он ҷо оварданд, ва атри гуворои худро дар он ҷо гузоштанд, ва хадияҳои рехтании худро дар он ҷо рехтанд.

29 Ва Ман ба онҳо гуфтам: «ин бома+ 20:29 Бома — баландӣ; макони баланд; минбар., ки шумо ба он меравед, чист?» Ба ин сабаб номи он то имрӯз Бома хонда мешавад“.

30 Бинобар ин ба хонадони Исроил бигӯй: „Худованд Худо чунин мегӯяд: дар сурате ки шумо худро бо рафтори падарони худ палид месозед, ва қабоҳати онҳоро пайравӣ намуда, зино мекунед,

31 Ва ба воситаи овардани ҳадияҳои худ ва аз оташ гузаронидани писарони худ шумо худро бо ҳамаи бутҳои худ то имрӯз палид месозед, оё Ман шуморо, эй хонадони Исроил, иҷобат намоям? Ба ҳаёти Худам қасам ки, мегӯяд Худованд Худо, шуморо иҷобат нахоҳам намуд.

32 Ва он чи дилхоҳи шумост, яъне он чи шумо мегӯед: «Мисли халқҳо ва мисли қабилаҳои кишварҳо гардида, ба чӯбу санг ибодат хоҳем кард», он ҳаргиз иҷро нахоҳад шуд.

Дар бораи доварии оянда бар Исроил.

33 Ба ҳаёти Худам қасам ки, мегӯяд Худованд Худо, бо дасти қавӣ ва бозуи тӯлонӣ ва хашми ҷӯшон бар шумо салтанат хоҳам ронд;

34 Ва шуморо аз миёни қавмҳо берун хоҳам овард, ва шуморо аз кишварҳое ки дар онҳо пароканда шудаед, бо дасти қавӣ ва бозуи тӯлонӣ ва хашми ҷӯшон ҷамъ хоҳам кард;

35 Ва шуморо ба биёбони қавмҳо хоҳам овард, ва дар он ҷо бар шумо рӯ ба рӯ доварӣ хоҳам кард;

36 Чунон ки бар падарони шумо дар биёбони замини Миср доварӣ кардаам, ончунон бар шумо доварӣ хоҳам кард, мегӯяд Худованд Худо.

37 Ва шуморо аз зери чӯбдаст хоҳам гузаронид, ва шуморо ба банди аҳд дохил хоҳам кард.

38 Ва онҳоеро, ки осӣ шуда, ба зидди Ман ҷиноят кардаанд, аз миёни шумо ҷудо хоҳам намуд; онҳоро аз замини иқоматгоҳашон берун хоҳам овард, вале ба замини Исроил ворид нахоҳанд шуд, ва хоҳед донист, ки Ман Худованд ҳастам.

39 Валекин шумо, эй хонадони Исроил, — Худованд Худо чунин мегӯяд, — дар сурате ки ба Ман гӯш намедиҳед, пас ҳар кадоматон назди бутҳои худ рафта, онҳоро ибодат намоед, вале баъд аз ин исми муқаддаси Маро дигар бо ҳадияҳо ва бутҳои худ палид насозед,

40 Зеро ки бар кӯҳи муқаддаси Ман, бар кӯҳи баланди Исроил, — мегӯяд Худованд Худо, — тамоми хонадони Исроил, ҳамаи онҳое ки дар замин сокин бошанд, Маро дар он ҷо ибодат хоҳанд кард, ва Ман дар он ҷо ба онҳо таваҷҷӯҳ хоҳам намуд, ва дар он ҷо пешкашҳои шумо ва навбарҳои бахшишҳои шуморо бо ҳар чизе ки тақдис менамоед, хоҳам талабид.

41 Ҳангоме ки шуморо аз миёни кавмҳо берун оварам, ва шуморо аз кишварҳое ки дар онҳо пароканда шудаед, ҷамъ кунам, он гоҳ ба атри гуворои шумо таваҷҷӯҳ хоҳам намуд, ва ба воситаи шумо пеши назари халқҳо қудсият хоҳам ёфт.

42 Ва ҳангоме ки шуморо ба замини Исроил биёрам, ба замине ки дасти Худро боло бардошта будам, то онро ба падарони шумо бидиҳам, он гоҳ хоҳед донист, ки Ман Худованд ҳастам.

43 Ва дар он ҷо шумо роҳҳои худ ва тамоми аъмоли худро, ки ба воситаи онҳо палид шудаед, ба ёд хоҳед овард, ва барои ҳамаи корҳои баде ки кардаед, аз худатон пеши назари худ нафрат хоҳед кард.

Масал дар бораи ҷангали саҳрои ҷануб.

44 Ва ҳангоме ки Ман бо шумо, эй хонадони Исроил, на бар тибқи рафтори бадатон ва аъмоли фосиқонаатон, балки ба хотири исми Худ амал намоям, он гоҳ хоҳед донист, ки Ман Худованд ҳастам, мегӯяд Худованд Худо“».

45 Ва каломи Худованд бар ман нозил шуда, гуфт:

46 «Эй писари одам! Рӯи худро ба самти ҷануб бигардон, ва дар бораи ҷануб ваъз гӯй, ва дар бораи ҷангали саҳрои ҷануб нубувват намо,

47 Ва ба ҷангали ҷануб бигӯй: „каломи Худовандро бишнав! Худованд Худо чунин мегӯяд: инак Ман ба ту оташ мезанам, ва он ҳар дарахти сабз ва ҳар дарахти хушки туро хоҳад сӯзонид, ва алангаи сӯзони он хомӯш нахоҳад шуд, ва ҳамаи рӯйҳо аз ҷануб то шимол аз он хоҳад сӯхт.

48 Ва тамоми башар хоҳанд дид, ки Ман, ки Худованд ҳастам, ба он оташ задаам, ва он хомӯш нахоҳад шуд“».

49 Ва ман гуфтам: «Ё Худоё Худовандо! Онҳо дар ҳаққи ман мегӯянд: „Оё ӯ бо масалҳо ҳарф мезанад?“»

21

БОБИ БИСТУ ЯКУМ

Шамшери тез ба Яҳудо ва ба банӣ‐Аммӯн таҳдид мекунад.

1 Ва каломи Худованд бар ман нозил шуда, гуфт:

2 «Эй писари одам! Рӯи худро ба самти Ерусалим бигардон, ва дар бораи хонаҳои муқаддас ваъз гӯй, ва дар бораи замини Исроил нубувват намо.

3 Ва ба замини Исроил бигӯй: „Худованд чунин мегӯяд: инак Ман ба ту рӯ меоварам, ва шамшери Худро аз ғилофаш кашида, одил ва шарирро аз даруни ту маҳв хоҳам кард.

4 Азбаски одил ва шарирро аз даруни ту маҳв менамоям, шамшери Ман бар ҳар башар аз ҷануб то шимол аз гилофаш берун хоҳад омад,

5 Ва тамоми башар хоҳанд донист, ки Ман, ки Худованд ҳастам, шамшери Худро аз ғилофаш баровардам, ва он дигар нахоҳад баргашт“.

6 Ва ту, эй писари одам, ҳамчун шикастакамар оҳ каш, ва бо талхӣ пеши назари онҳо оҳ каш.

7 Ва чун ба ту гӯянд: „Аз чӣ сабаб оҳ мекашӣ?“ — бигӯй: „Ба сабаби овозае ки меояд“, ва он гоҳ ҳар дил обу адо шуда, ҳамаи дастҳо бемаҷол хоҳад гардид, ва ҳар рӯҳ андӯҳгин шуда, ҳамаи зонуҳо ба ларзиш хоҳад омад. Инак он меояд ва воқеъ хоҳад шуд, мегӯяд Худованд Худо».

8 Ва каломи Худованд бар ман нозил шуда, гуфт:

9 «Эй писари одам, нубувват намуда, бигӯй:

„Худованд чунин мегӯяд: бигӯй:

шамшер, шамшер тез карда,

сайқал зада шудааст;

10 Барои қатли беамон тез карда,

барои барқ задан сайқал зада шудааст.

Оё мо шодӣ кунем, ки асои писари Ман аз тамоми дарахт нафрат мекунад“?

11 Ва Ӯ онро барои сайқал задан дод, то ки онро ба каф гирад; ва он, яъне шамшер, тез карда ва сайқал зада шудааст, то ки ба дасти қотил дода шавад.

12 Фарьёд ва навҳа намо, эй писари одам! Зеро ки он бар қавми Ман, бар ҳамаи сарварони Исроил меояд; онҳо бо кавми Ман гирифтори шамшер хоҳанд шуд, бинобар ин дасти афсӯс бар рони худ бизан.

13 Зеро ки имтиҳон аст. Ва чӣ хоҳад буд, агар асои нафраткунанда низ наояд? — мегӯяд Худованд Худо.

14 Ва ту, эй писари одам, нубувват намо ва каф ба каф бизан; ва шамшер дуто ва сето мешавад: ин шамшер барои қатли шаҳидони бисьёр аст, шамшери қатли азим аст, ки андаруни онҳо зада медарояд.

15 Барои он ки дилҳо обу адо, ва шумораи мақтулон зиёд шавад, Ман назди ҳар дарвозаи онҳо шамшери дудама хоҳам гузошт, — оҳ, шамшери барроқе ки барои куштор тез карда шуда бошад!

16 Тез гардида, рӯи худро ба тарафи рост бигардон, ба тарафи чап рӯй овар! Рухсорат ба кадом тараф нигаронида шудааст?

17 Ва Ман низ каф ба каф хоҳам зад, ва ғазаби Худро сокит хоҳам кард. Ман, ки Худованд ҳастам, гуфтам».

18 Ва каломи Худованд бар ман нозил шуда, гуфт:

19 «Ва ту, эй писари одам, ду роҳ барои худ тасвир намо, ки аз онҳо шамшери подшоҳи Бобил бояд бигзарад, — ҳар дуяш аз як сарзамин берун меояд; ва нақши дастро бикаш; дар сари ҳар роҳ нақши шаҳрро бикаш.

20 Роҳе тасвир намо, то ки шамшер сӯи Раббаи банӣ‐Аммӯн ва сӯи Яҳудо ва Ерусалими истеҳкомдор биёяд.

21 Зеро ки подшоҳи Бобил бар дуроҳа, яъне дар сари ду роҳ истодааст, то ки фол кушояд: тирҳоро ба ҳам зада меомезад, ба бутҳо савол медиҳад, ба ҷигар нигоҳ мекунад.

22 Дар дасти рости ӯ фоли „Ерусалим“ аст, то ки манҷаниқҳо барпо намояд, барои куштор даҳон кушояд, дар гулбонг овоз баланд кунад, манҷаниқҳоро дар рӯ ба рӯи дарвозаҳо барпо намояд, хокрез созад, истеҳкомот бино кунад.

23 Аммо ин фол ба назари мардуми Ерусалим, ки барояшон басе қасам хӯрда буданд, фоли ботил менамояд, вале ӯ гуноҳи онҳоро ба ёд меоварад, то ки ба дасташ афтанд.

24 Бинобар ин Худованд Худо чунин мегӯяд: азбаски худатон маъсияти худро ба ёд оварда, ҷиноятҳои худро ошкор кардед, то ки гуноҳҳои худро дар тамоми аъмоли худ ба назар намоён созед, азбаски худатон инро ёдоварӣ намудед, бинобар ин ба даст хоҳед афтод.

25 Ва ту, эй раиси Исроил, ки ба туфайли шарорати худ бадном шудаӣ, ва ба сабаби авҷ гирифтани маъсияти ту рӯзи сазои ту расидааст!

26 Худованд Худо чунин мегӯяд: аммома аз сарат дур карда ва тоҷат бардошта хоҳад шуд, ин ҳолат дигар давом нахоҳад кард: он чи паст аст, баланд хоҳад шуд, ва он чи баланд аст, паст хоҳад гардид.

27 Онро харобазор, харобазор хоҳам гардонид, ба дараҷае ки ҳаргиз воқеъ нашудааст, то вақти омадани он касе ки ҳақ аз они ӯст, ва Ман онро ба ӯ хоҳам дод.

28 Ва ту, эй писари одам, нубувват намуда, бигӯй: „Худованд Худо дар бораи банӣ‐Аммӯн ва дар бораи нанги онҳо чунин мегӯяд, яъне бигӯй: шамшер, шамшер барои куштор кашида шудааст, то интиҳои дараҷа сайқал дода шудааст, то ки барроқ бошад,

29 Дар сурате ки рӯъёҳои ботил барои ту дидаанд, ва фолҳои бардурӯғ барои ту задаанд, то ки туро бар гардани шарирони бадноме бимонанд, ки ба сабаби авҷ гирифтани маъсияташон рӯзи сазои онҳо расидааст.

30 Онро ба ғилофаш баргардон! Дар маконе ки офарида шудаӣ, дар замини зодгоҳи ту бар ту доварӣ хоҳам кард,

31 Ва хашми Худро бар ту фурӯ хоҳам рехт, оташи ғазаби Худро бар ту хоҳам дамид, ва туро ба дасти мардуми ваҳшие ки ба куштан моҳиранд, хоҳам супурд,

32 Ва ту тӯъмаи оташ хоҳӣ шуд, ва хунат андаруни он замин хоҳад монд, ва зикр нахоҳӣ ёфт, зеро Ман, ки Худованд ҳастам, гуфтам“».

22

БОБИ БИСТУ ДУЮМ

Як‐як ном бурдани гуноҳҳои Исроил.

1 Ва каломи Худованд бар ман нозил шуда, гуфт:

2 «Ва ту, эй писари одам, оё доварӣ хоҳӣ кард, оё бар шаҳри хунрез доварӣ хоҳӣ кард? Пас тамоми аъмоли зишти онро ба он баён намо,

3 Ва бигӯй: „Худованд Худо чунин мегӯяд: эй шаҳре ки андаруни худ хун мерезӣ, то ки замони сазои ту фаро расад; эй, ки бар худ бутҳо сохтаӣ, то ки палид гардӣ!

4 Бо хуне ки рехтаӣ, айбдор шудаӣ, ва бо бутҳое ки сохтаӣ, палид гардидаӣ, ва рӯзҳои худро наздик овардаӣ, ва ба фарҷоми солҳои худ расидаӣ; бинобар ин туро мавриди нанг пеши халқҳо ва мавриди тамасхур пеши ҳамаи кишварҳо гардонидаам:

5 Онҳое ки ба ту наздиканд ва аз ту дуранд, туро тамасхур намуда, хоҳанд гуфт: «Эй, ки номи худро палид сохтаӣ!», «Эй, ки аз низоъ пур шудаӣ!»

6 Инак раисони Исроил, ҳар яке алоқадри қуввати худ, андаруни ту барои хунрезӣ чидду ҷаҳд менамуданд.

7 Падар ва модарро андаруни ту хорӣ медоданд, ғарибро андаруни ту ба танг меоварданд, ятим ва беваро андаруни ту ба ранҷу озор дучор мекарданд.

8 Чизҳои муқаддаси Маро ту хор мешумурдӣ, ва шанбеҳои Маро поймол менамудӣ.

9 Бӯҳтонгӯён андаруни ту буданд, то ки хун бирезанд; андаруни ту бар кӯҳҳо хӯрок мехӯрданд, андаруни ту ба фисқу фуҷур дода мешуданд.

10 Аврати падарро андаруни ту ошкор месохтанд, ба номӯси занони ҳоиза андаруни ту таҷовуз мекарданд.

11 Яке бо зани ёри худ кори зишт мекард, дигаре келини худро бо фисқу фуҷур палид месохт, сеюмӣ ба номӯси хоҳари худ, яъне духтари падари худ, андаруни ту таҷовуз менамуд.

12 Андаруни ту ришва мехӯрданд, то ки хун бирезанд; ту фоида ва суд мехӯрдӣ, ва ба моли ёри худ бо ситам тамаъ менамудӣ, вале Маро фаромӯш кардӣ, мегӯяд Худованд Худо.

13 Ва инак, Ман дар бораи тамаъкорие ки кардаӣ, ва дар бораи хуне ки андаруни худат рехтаӣ, кафи Худро мезанам.

14 Оё дар айёме ки Ман подоши туро бидиҳам, дилат матин ва дастҳоят қавӣ хоҳад буд? Ман, ки Худованд ҳастам, гуфтам ва ба амал хоҳам овард.

15 Ва туро дар миёни халқҳо пароканда ва дар кишварҳо парешон хоҳам намуд, ва қабоҳати туро аз ту нест хоҳам кард.

16 Ва худро ту пеши назари халқҳо нафратангез хоҳӣ кард, ва хоҳӣ донист, ки Ман Худованд ҳастам“».

Масал дар бораи кӯра.

17 Ва каломи Худованд бар ман нозил шуда, гуфт:

18 «Эй писари одам! Хонадони Исроил барои Ман ғаш гардидаанд; ҳамаи инҳо — мис ва қалъагӣ ва оҳан ва қӯрғошим — андаруни кӯра ғашши нуқра шудаанд.

19 Бинобар ин Худованд Худо чунин мегӯяд: азбаски ҳамаатон ғаш гардидаед, бинобар ин Ман шуморо андаруни Ерусалим ҷамъ хоҳам кард.

20 Чунон ки нуқра ва мис ва оҳан ва қӯрғошим ва қалъагиро андаруни кӯра ҷамъ карда, оташ бар онҳо медаманд, то ки гудохта шаванд, ончунон Ман шуморо дар хашму ғазаби худ ҷамъ карда, дар он хоҳам гузошт ва шуморо хоҳам гудохт.

21 Ва шуморо ҷамъ карда, оташи ғазаби худро бар шумо хоҳам дамид, ва шумо андаруни он гудохта хоҳед шуд.

22 Чунон ки нуқра андаруни кӯра гудохта мешавад, ончунон шумо андаруни он гудохта хоҳед шуд, ва хоҳед донист, ки Ман, ки Худованд ҳастам, ғазаби Худро бар шумо фурӯ рехтаам».

23 Ва каломи Худованд бар ман нозил шуда, гуфт:

24 «Эй писари одам! Ба вай бигӯй: „ту замине ҳастӣ, ки нопок шудаӣ, ва дар рӯзи ғазаб бар ту борон нахоҳад борид.

25 Суиқасди анбиёи он андаруни он мисли шери ғурронест, ки нахҷирро медарад; онҳо ҷонҳоро меҳӯранд, молу мулк ва чизҳои гаронбаҳоро мегиранд, бевагонро андаруни он афзун мекунанд.

26 Коҳинони он шариати Маро поймол, ва чизҳои муқаддаси Маро палид месозанд, чизи муқаддасро аз ғайримуқаддас ҷудо намекунанд, ва чизи палидро аз пок фарқ наменамоянд, ва аз шанбеҳои Ман чашми худро мепӯшанд, ва Ман андаруни онҳо беҳурмат шудаам.

27 Сарварони он андаруни он мисли гургоне мебошанд, ки нахҷирро медаранд; онҳо хун мерезанд, ҷонҳоро нобуд мекунанд, то ки ҳирси худро қонеъ гардонанд.

28 Ва анбиёи он барои онҳо бо лои нобоб андова карда, рӯъёҳои ботил мебинанд ва барои онҳо фоли дурӯғ зада, мегӯянд: «Худованд Худо чунин мегӯяд», ва ҳол он ки Худованд чизе ба онҳо нагуфтааст.

29 Қавми ин замин якдигарро беамон зулм ва тороҷ менамоянд, мискин ва бенаворо фиреб медиҳанд, ва дар ҳаққи ғариб ноинсофона ситам мекунанд.

30 Ва Ман дар миёни онҳо касеро ҷустам, ки деворро таъмир намояд ва дар рахнаи он ба ҳузури Ман барои ин замин биистад, то ки онро хароб накунам, валекин чунин касро наёфтам.

31 Пас, хашми Худро бар онҳо фурӯ хоҳам рехт, бо оташи ғазаби Худ онҳоро несту нобуд хоҳам кард, подоши рафторашонро бар сарашон хоҳам овард, мегӯяд Худованд Худо“».

23

БОБИ БИСТУ СЕЮМ

Масал дар бораи Оҳола ва Оҳолиба.

1 Ва каломи Худованд бар ман нозил шуда, гуфт:

2 «Эй писари одам! Ду зан духтарони як модар буданд.

3 Ва онҳо дар Миср зинокор шуда, дар ҷавонии худ зино карданд; дар он ҷо синаҳои онҳоро молиш доданд, ва дар он ҷо пистонҳои бакорати онҳоро фишурданд.

4 Ва номҳои онҳо: калонӣ Оҳола ва хоҳараш Оҳолиба буд; ва онҳо занони Ман буда, писарон ва духтарон зоиданд; ва номҳои онҳо: Оҳола — Сомария, ва Оҳолиба — Ерусалим буд.

5 Ва Оҳола зино кард, дар сурате ки ҳанӯз аз они Ман буд; ва ба хушдорони худ, ба сипоҳиёни Ашшур дил дод, —

6 Ба онҳое ки либоси лоҷвард мепӯшиданд; ба волиён ва сардорон, ки саросар ҷавонони дилпазир, форисони аспсавор буданд;

7 Ва бо онҳо, ки саросар баргузидагони банӣ‐Ашшур буданд, ба зинокории худ дода шуд, ва бо ҳамаи бутҳои касоне ки ба онҳо дил дода буд, худро палид сохт.

8 Вале аз зинокории худ, ки бо мисриён дошт, даст накашид, зеро ки онҳо бо ӯ дар айёми ҷавонии ӯ хуфтухоб доштанд, ва пистонҳои бакораташро мефишурданд, ва шаҳавоти худро бар ӯ фурӯ мерехтанд.

9 Бинобар ин Ман ӯро ба дасти хушдоронаш, яъне ба дасти банӣ‐Ашшур, ки ба онҳо дил дода буд, супурдам.

10 Онҳо аврати ӯро кушоданд, писарон ва духтаронашро гирифтанд, ва ӯро бо шамшер куштанд, ва номаш барои занон ибрат шуд, ва ӯро ба ҷазо мустаҳиқ карданд.

11 Ва хоҳараш Оҳолиба инро дид, ва дар шаҳватпарастии худ аз вай бештар фосид шуд, ва аз зинокории хоҳараш зиёдтар зино кард.

12 Ба банӣ‐Ашшур дил дод, — ба волиён ва сардорони сипоҳиён, ки либоси зебо мепӯшиданд, форисони аспсавор ва саросар ҷавонони дилпазир буданд.

13 Ва дидам, ки ӯ палид гардид: роҳи ҳар дуяшон як буд.

14 Вале ӯ зинокории худро боз ҳам зиёд кард; ва мардони бар девор ҳак кардашударо, яъне суратҳои калдониёнро, ки бо ранги ҷӯша кашида шуда буд, дид,

15 Ки камарбандҳо бар камарашон ва аммомаҳои дарознӯг бар сарашон буд, ва ҳамаашон намуди саркардагонро доштанд, — суратҳои банӣ‐Бобил, ки замини калдониён зодгоҳашон буд.

16 Ва ҳамин ки чашмаш ба онҳо афтод, дил дод, ва назди онҳо ба замини калдониён қосидонашро фиристод.

17 Ва банӣ‐Бобил назди ӯ ба ҷогаҳи ишқбозӣ дохил шуда, бо зинокории худ ӯро палид сохтанд; ва чун аз онҳо палид шуд, ҷони ӯ аз онҳо нафрат пайдо кард.

18 Ва азбаски ошкоро ба зинокорӣ дода шуд, ва аврати худро кушод, ҷони Ман аз ӯ нафрат пайдо кард, чунон ки ҷони Ман аз хоҳараш нафрат пайдо карда буд.

19 Ва ӯ зинокории худро афзун кард, дар холате ки айёми ҷавонии худро ба ёд меовард, ки он вақт дар замини Миср ба зино дода шуда буд.

20 Ва ҳамчун сурриягон ба онҳо дил дод, ки узви онҳо мисли узви харои ва нутфарезии онҳо мисли нутфарезии аспон буд.

21 Ва ту фисқу фуҷури айёми ҷавонии худро аз нав оғоз намудӣ, ки он вақт мисриён пистонҳои туро ба хотири синаҳои ҷавонии ту мефишурданд».

22 Бинобар ин, эй Оҳолиба, Худованд Худо чунин мегӯяд: «Инак Ман хушдоронатро, ки ҷонат аз онҳо нафрат пайдо кардааст, ба зидди ту барангехта, онҳоро аз ҳар тараф бар ту хоҳам овард,

23 Яъне банӣ‐Бобил ва ҳамаи калдониёнро аз қабилаҳои фақуд ва шуа ва куа, ва тамоми банӣ‐Ашшурро ҳамроҳи онҳо, ки ҳамаашон ҷавонони дилпазир, волиён ва сардорон мебошанд, саросар саркардагон ва номдорони аспсаворанд.

24 Ва бо аслиҳа ва аспон ва аробаҳо ва анбӯҳи қавмҳо, бо ҷавшанҳо, сипарҳо ва хӯдҳо бар ту омада, туро иҳота хоҳанд кард, ва Ман туро ба доварии онҳо хоҳам супурд, ва онҳо туро мувофиқи аҳкоми худ доварӣ хоҳанд намуд.

25 Ва Ман рашки Худро ба зидди ту хоҳам нигаронид, ва ба ту бо ғазаб амал хоҳанд кард: бинӣ ва гӯшҳоятро хоҳанд бурид, ва бақияи ту аз шамшер хоҳад афтод; онҳо писарон ва духтарони туро хоҳанд гирифт, ва бақияи ту ба оташ хоҳад сӯхт.

26 Ва либосҳои туро хоҳанд кашид, ва колои зебу зинати туро хоҳанд гирифт.

27 Ва фисқу фуҷури ту ва зинокории туро, ки аз замини Миср овардаӣ, аз ту нест хоҳам кард; ва чашмони худро сӯи онҳо баланд нахоҳӣ кард, ва Мисрро дигар ба ёд нахоҳӣ овард.

28 Зеро ки Худованд Худо чунин мегӯяд: инак Ман туро ба дасти онҳое ки бад мебинӣ, ба дасти касоне ки ҷонат аз онҳо нафрат пайдо кардааст, хоҳам супурд.

29 Ва онҳо ба ту бо адоват амал намуда, тамоми молу мулки туро хоҳанд гирифт, ва туро дар ҳолати бараҳна ва урьён тарк хоҳанд кард, ва аврати пурзинои ту ва фисқу фуҷури ту ва зинокории ту кушода хоҳад шуд.

30 Ин амалҳо ба ту карда хоҳад шуд барои он ки ту бо халқҳо зино намуда, худро бо бутҳои онҳо палид сохтаӣ.

31 Ту бо роҳи хоҳари худ рафтаӣ, ва Ман косаи ӯро ба дасти ту хоҳам дод.

32 Худованд Худо чунин мегӯяд:

Ту косаи амиқу васеи хоҳари худро хоҳӣ нӯшид,

ва мавриди истеҳзо ва тамасхур хоҳӣ гардид,

чунки гунҷоиши он бузург аст.

33 Аз мастӣ ва андӯҳ пур хоҳӣ шуд:

косаи даҳшат ва харобист,

косаи хоҳарат Сомария!

34 Ва онро нӯшида, то охир холӣ хоҳӣ кард,

ва шикастапораҳои онро хоҳӣ лесид,

ва синаҳои худро чок хоҳӣ кард,

зеро ки Ман гуфтам, мегӯяд Худованд Худо.

35 Бинобар ин Худованд Худо чунин мегӯяд: азбаски ту Маро фаромӯш кардӣ, ва пушти худро ба тарафи Ман гардондӣ, пас ту низ подоши фисқу фуҷур ва зинокории худро бардор!»

36 Ва Худованд ба ман гуфт: «Эй писари одам! Оё мехоҳӣ бар Оҳола ва Оҳолиба доварӣ намоӣ? Пас, аъмоли зишташонро ба онҳо баён намо.

37 Зеро ки онҳо зино карданд, ва дастҳошон хунолуд аст, ва бо бутҳои худ зино карданд, ва писарони худро низ, ки барои Ман зоида буданд, ба сифати хӯроки бутҳо аз оташ гузарониданд.

38 Боз ин корҳоро дар ҳаққи Ман карданд: дар ҳамон рӯз хонаи муқаддаси Маро палид сохтанд, ва шанбеҳои Маро поймол карданд.

39 Ва ҳангоме ки писарони худро барои бутҳои худ забҳ карданд, дар ҳамон рӯз ба хонаи муқаддаси Ман омаданд, то ки онро палид созанд; ва инак андаруни хонаи Ман онҳо чунин амал карданд!

40 Ва ҳатто назди одамоне ки аз дур омада буданд, кас мефиристоданд; назди онҳо қосиде фиристода шуд, ва инак онҳо омаданд, ва ту худро барояшон шустушӯй менамудӣ, сурма ба чашмонат мекашидӣ, ва худро бо колои зебу зинат оро медодӣ,

41 Ва бар ҷогаҳи боҳамашате менишастӣ, ки суфрае назди он ороста буд, ва бухур ва равғани Маро бар он мегузоштӣ.

42 Ва садои хуше назди он танинандоз буд, ва илова бар одамоне ки аз аҳолии мавзеъҳои гуногун буданд, сабоиён аз биёбон оварда мешуданд, ва дастпонаҳо бар дастҳошон ва тоҷҳои зебо бар сарҳошон мегузоштанд.

43 Ва Ман гуфтам: оё ин зани фарсуда боз бо зинокорӣ машғул хоҳад шуд? Оё хушдоронаш алҳол бо ӯ зино хоҳанд кард? Вале ӯ зинокории худро давом медод.

44 Ва назди ӯ меомаданд; чунон ки назди зани фоҳиша меоянд, ончунон назди ин занони пурфисқу фуҷур, яъне назди Оҳола ва Оҳолиба меомаданд.

45 Ва мардони одил бар онҳо доварӣ хоҳанд кард, чунон ки бар занони зинокор ва хунрез доварӣ мекунанд, зеро ки онҳо зинокоранд, ва дастҳошон хунолуд аст.

46 Зеро ки Худованд Худо чунин мегӯяд: ҷамоатро ба зидди онҳо барангез, ва онҳоро ба даҳшат ва тороҷ бисупор.

47 Ва ҷамоат онҳоро сангборон хоҳанд кард, ва бо шамшерҳои худ онҳоро пора‐пора хоҳанд намуд, ва писарону духтарони онҳоро хоҳанд кушт, ва хонаҳои онҳоро ба оташ хоҳанд сӯзонид.

48 Ва Ман фисқу фуҷурро аз ин замин барҳам хоҳам дод, ва ҳамаи занон дарси ибрат хоҳанд гирифт, ва мисли шумо ба фисқу фуҷур машғул нахоҳанд шуд.

49 Ва сазои фисқу фуҷури шуморо бар шумо бор хоҳанд кард, ва шумо барои гуноҳҳои бутпарастии худ ҷазо хоҳед кашид, ва хоҳед донист, ки Ман Худованд Худо ҳастам».

24

БОБИ БИСТУ ЧОРУМ

Масал дар бораи деги ҷӯшон.

1 Ва дар соли нӯҳум, дар рӯзи даҳуми моҳи даҳум, каломи Худованд бар ман нозил шуда, гуфт:

2 «Эй писари одам! Номи имрӯзро барои худ бинавис, номи ҳамин рӯзро: маҳз дар ҳамин рӯз подшоҳи Бобил Ерусалимро муҳосира кардааст.

3 Барои хонадони исьёнгар масале бизан, ва ба онҳо бигӯй: „Худованд Худо чунин мегӯяд:

деге бимон, онро бимон ва об низ дар он бирез.

4 Порчаҳои онро, яъне ҳамаи порчаҳои хуби рон

ва китфро дар он ҷамъ намо,

бо устухонҳои беҳтарин онро пур кун.

5 Гӯсфандони беҳтаринро бигир,

ва устухонҳоро низ дар таги он даргирон;

онро тавре биҷӯшон,

ки устухонҳояш низ андаруни он бипазад.

6 Бинобар ин Худованд Худо чунин мегӯяд:

вой бар ҳоли шаҳри хунрез!

Вой бар ҳоли деге ки занги он андаруни он мебошад,

ва занги он аз даруни он набаромадааст!

Порчаҳояшро паи ҳам берун овар,

бе он ки бар онҳо қуръа партоӣ.

7 Зеро ки хуни вай андаруни вай буд:

онро вай бар сахраи суфтае бимонд,

онро бар замин нарехт,

то ки бо хок пӯшонида шавад.

8 Барои он ки ғазабамро барафрӯхта, интиқом гирам,

Ман хуни варо бар сахраи суфта монондам,

то ки пӯшонида нашавад.

9 Бинобар ин Худованд Худо чунин мегӯяд:

вой бар ҳоли шаҳри хунрез!

Ман низ гулханро бузург хоҳам кард.

10 Ҳезуми зиёде оварда ва оташ даргиронида,

гӯштро ҳил‐ҳил хоҳам пазонид,

ва ин гӯштобро сахт ҷӯшонида, хоҳам сӯзонид,

ба тавре ки устухонҳо низ сӯхта тамом шавад.

11 Ва онро бар ахгарҳояш холӣ хоҳам гузошт,

то ки тафсида, миси он бисӯзад,

ва палидии он андаруни он гудохта шавад,

ва занги он нест гардад.

12 Зӯрзаниҳоро рад кард,

ва занги бисьёраш аз он берун наомад,

пас занги он дар оташ нест хоҳад шуд.

13 Дар фисқу фуҷур ту он қадар палид гаштӣ,

ки ҳарчанд Ман туро тоза кардам,

аз палидии худ тоза нашудӣ;

то хашми Худро Ман бар ту ба итмом нарасонам,

ту дигар тоза нахоҳӣ шуд.

14 Ман, ки Худованд ҳастам, гуфтам: ин фаро хоҳад расид, ва Ман инро ба амал хоҳам овард; ботил нахоҳам кард, ва риққат нахоҳам овард, ва пушаймон нахоҳам шуд; бар тибқи рафторат ва бар тибқи аъмолат бар ту доварӣ хоҳам кард, мегӯяд Худованд Худо“».

15 Ва каломи Худованд бар ман нозил шуда, гуфт:

16 «Эй писари одам! Инак Ман ҳаловати чашмонатро бо вабое аз ту хоҳам гирифт, вале ту навҳа ва гирья накун, ва ашки ту бигзор ҷорӣ нашавад;

17 Хомӯшона оҳ каш, барои мурдагон мотам нагир: аммомаи худро бар сарат бипечон, пойафзоли худро ба пойҳоят бипӯш, ва ришу мӯйлабатро напӯшон, ва нони азодоронро нахӯр».

18 Ва бомдодон ман бо қавм сухан рондам, дар сурате ки занам шомгоҳ вафот карда буд; ва бомдодон он чиро, ки ба ман амр фармуда шуд, ба ҷо овардам.

19 Ва қавм ба ман гуфтанд: «Шояд ба мо бигӯӣ, ки он чи ту мекунӣ, барои мо чӣ маънӣ дорад?»

20 Ва ман ба онҳо гуфтам: «Каломи Худованд бар ман нозил шуда, гуфт:

21 „Ба хонадони Исроил бигӯй: Худованд Худо чунин мегӯяд: инак Ман хонаи муқаддаси Худро, ки ҷалоли қуввати шумо, ҳаловати чашмони шумо ва марҳами ҷони шумост, ба хорӣ таслим хоҳам намуд, ва писарону духтарони шумо, ки онҳоро дар Яҳудо тарк кардаед, аз шамшер хоҳанд афтод.

22 Ва шумо ончунон ки ман амал намудаам, амал хоҳед намуд: ришу мӯйлаби худро нахоҳед пӯшонид, ва нони азодоронро нахоҳед хӯрд;

23 Ва аммомаи шумо бар саратон, ва пойафзоли шумо бар пойҳотон хоҳад буд, ва шумо навҳа ва гирья нахоҳед кард, балки ба сабаби гуноҳҳои худ обу адо гардида, пеши якдигар оҳ хоҳед кашид.

24 Ва Ҳизқиёл барои шумо аломате хоҳад буд: ҳар коре ки ӯ кардааст, шумо низ хоҳед кард; ҳангоме ки ин фаро расад, хоҳед донист, ки Ман Худованд Худо ҳастам“».

25 «Ва ту, эй писари одам! Охир, дар он рӯзе ки Ман аз онҳо истеҳкомашон, шодии шавкаташон, ҳаловати чашмонашон ва марҳами ҷонашон, яъне писарону духтаронашонро бигирам,

26 Дар он рӯз растагоре назди ту хоҳад омад, то хабаре ба гӯшат бирасонад;

27 Дар он рӯз ба ҳузури он растагор даҳонат воз хоҳад шуд, ва ту сухан хоҳӣ ронд, ва дигар лол нахоҳӣ шуд; ва барои онҳо аломате хоҳӣ буд, ва хоҳанд донист, ки Ман Худованд ҳастам».

25

БОБИ БИСТУ ПАНҶУМ

Нубувват дар бораи банӣ‐Аммӯн.

1 Ва каломи Худованд бар ман нозил шуда, гуфт:

2 «Эй писари одам! Рӯи худро ба тарафи банӣ‐Аммӯн бигардон ва дар ҳаққи онҳо нубувват намо;

3 Ва ба банӣ‐Аммӯн бигӯй: каломи Худованд Худоро бишнавед! Худованд Худо чунин мегӯяд: азбаски ту дар бораи хонаи муқаддаси Ман, ҳангоме ки он ба хорӣ дучор шуд, ва дар бораи замини Исроил, ҳангоме ки он валангор шуд, ва дар бораи хонадони Яҳудо, ҳангоме ки онҳо ҷалои ватан гардиданд, „ҳай‐ҳай!“ гуфтӣ,

4 Бинобар ин, инак Ман туро ба тасарруфи мардуми шарқ хоҳам дод, ва онҳо бошишгоҳҳои худро дар ту барпо хоҳанд намуд, ва масканҳои худро дар ту хоҳанд сохт, ва меваҳои туро хоҳанд хӯрд, ва шири туро хоҳанд нӯшид.

5 Ва Ман Раббаро ба чарогоҳи уштурон, ва замини банӣ‐Аммӯнро ба хобгоҳи рамаҳо табдил хоҳам дод, ва хоҳед донист, ки Ман Худованд ҳастам.

6 Зеро ки Худованд Худо чунин мегӯяд: азбаски ту чапак задӣ ва пой кӯфтӣ, ва бо тамоми нафрате ки аз замини Исроил дар дили худ дорӣ, шодӣ кардӣ,

7 Бинобар ин, инак Ман дасти Худро бар ту дароз хоҳам кард ва туро ба тороҷи халқҳо хоҳам супурд, ва туро аз миёни қавмҳо маҳв хоҳам намуд, ва туро аз миёни кишварҳо барҳам хоҳам дод; туро несту нобуд хоҳам кард, ва хоҳӣ донист, ки Ман Худованд ҳастам.

Доварии оянда бар Мӯоб.

8 Худованд Худо чунин мегӯяд: азбаски Мӯоб ва Сеир мегӯянд, ки „инак хонадони Яҳудо монанди ҳамаи халқҳо мебошанд!“ —

9 Бинобар ин, инак Ман паҳлуи Мӯобро аз шаҳрҳо, яъне аз шаҳрҳои истеҳкомдори сарҳади он, ки ҷалоли ин кишваранд, чунончи: Байт‐Яшимут, Баал‐Маӯн ва Қирьётаим, воз хоҳам кард

10 Барои мардуми шарқ, илова бар замини банӣ‐Аммӯн; Мӯобро ба тасарруфи онҳо хоҳам дод, то ки банӣ‐Аммӯн дигар дар миёни халқҳо зикр наёбанд;

11 Ва бар Мӯоб доварӣ хоҳам намуд, ва хоҳанд донист, ки Ман Худованд ҳастам.

Доварӣ бар Адӯм.

12 Худованд Худо чунин мегӯяд: азбаски Адӯм аз хонадони Яҳудо сахт интиқом гирифтааст ва аз онҳо интиқом гирифта, бағоят гуноҳкор шудааст,

13 Бинобар ин Худованд Худо чунин мегӯяд: Ман дасти Худро бар Адӯм дароз хоҳам кард, ва одамону чорпоёнро аз он маҳв хоҳам сохт, ва онро валангор хоҳам намуд; аз Темон то Дадон аз шамшер хоҳанд афтод.

14 Ва интиқоми Худро аз Адӯм бо дасти қавми Худ Исроил хоҳам гирифт, ва бар тибқи хашм ва ғазаби Ман ба Адӯм амал хоҳам кард, ва интиқоми Маро хоҳанд донист, мегӯяд Худованд Худо.

Доварӣ бар фалиштиён.

15 Худованд Худо чунин мегӯяд: азбаски фалиштиён интиқом гирифтаанд ва бо нафрате ки дар дили худ доранд, сахт интиқом гирифтаанд, то ки бо адовати доимӣ валангор кунанд,

16 Бинобар ин Худованд Худо чунин мегӯяд: инак Ман дасти Худро бар фалиштиён дароз карда, критиёнро маҳв хоҳам сохт, ва бақияи онҳоро аз соҳили баҳр нест хоҳам намуд;

17 Ва бо ҷазоҳои ғазаболуд аз онҳо интиқоми сахт хоҳам гирифт, ва ҳангоме ки интиқоми Худро аз онҳо бигирам, хоҳанд донист, ки Ман Худованд ҳастам».

26

БОБИ БИСТУ ШАШУМ

Доварии оянда бар Сӯр.

1 Ва дар соли ёздаҳум, дар рӯзи якуми моҳ, каломи Худованд бар ман нозил шуда, гуфт:

2 «Эй писари одам! Азбаски Сӯр дар бораи Ерусалим гуфтааст: „Ҳай‐ҳай! Дарвозаи қавмҳо шикаст хӯрд; ҳама чиз ба ман мегузарад; ман пур мешавам, чунки вай хароб шуд“,

3 Бинобар ин Худованд Худо чунин мегӯяд: инак Ман, эй Сӯр, ба ту зид ҳастам! Ва халқҳои бисьёрро ба муқобили ту хоҳам бархезонид, чунон ки баҳр мавҷҳояшро бармехезонад.

4 Ва онҳо ҳисорҳои Сӯрро вайрон хоҳанд кард, ва бурҷҳои онро хароб хоҳанд намуд, ва Ман хоки онро аз он хоҳам рӯфт, ва онро ба сахраи суфтае табдил хоҳам дод.

5 Он андаруни баҳр маконе барои паҳн кардани тӯрҳои моҳигирӣ хоҳад гардид; зеро ки Ман гуфтам, мегӯяд Худованд Худо; ва он тӯъмаи тороҷи халқҳо хоҳад шуд.

6 Ва деҳоти атрофи Сӯр, ки дар саҳро мебошанд, ба дами шамшер кушта хоҳанд шуд, ва хоҳанд донист, ки Ман Худованд ҳастам.

7 Зеро ки Худованд Худо чунин мегӯяд: инак Ман Набукаднесар подшоҳи Бобил, подшоҳи подшоҳонро аз шимол бар Сӯр бо аспон ва аробаҳо ва саворон ва бо ҷамоат ва қавми зиёде хоҳам овард.

8 Деҳоти атрофи туро ӯ дар саҳро ба дами шамшер хоҳад кушт; ва истеҳкомот ба муқобили ту хоҳад сохт, ва хокрез ба муқобили ту барпо хоҳад кард, ва сипарҳо ба муқобили ту ба вуҷуд хоҳад овард;

9 Ва манҷаниқҳои худро назди ҳисорҳои ту барқарор хоҳад намуд, ва бурҷҳои туро бо табарзинҳои худ вайрон хоҳад кард.

10 Аз бисьёрии аспони ӯ туро ғубор хоҳад пӯшонид; ҳангоме ки ӯ ба дарвозаҳоят дарояд, чунон ки ба шаҳри рахнадор медароянд, аз садои саворон ва чархҳо ва аробаҳо ҳисорҳоят ба ларза хоҳад омад.

11 Бо сумҳои аспонаш ҳамаи кӯчаҳоятро поймол хоҳад кард; қавматро ба дами шамшер хоҳад кушт, ва биноҳои ёдгории ҷалоли ту бо замин яксон хоҳад шуд.

12 Ва дорони туро тороҷ хоҳанд кард, ва молҳои туро ба яғмо хоҳанд бурд, ва ҳисорҳои туро вайрон хоҳанд намуд, ва хонаҳои дилпазири туро хароб хоҳанд кард, ва сангҳо ва чӯб ва хоки туро андаруни об хоҳанд андохт.

13 Ва Ман ба ғулғулаи сурудҳоят хотима хоҳам дод; ва садои барбатҳоят дигар шунида нахоҳад шуд.

14 Ва туро ба сахраи суфтае табдил хоҳам дод; маконе барои паҳн кардани тӯрҳои моҳигирӣ хоҳӣ шуд; дигар бино нахоҳӣ ёфт; зеро Ман, ки Худованд ҳастам, гуфтам, мегӯяд Худованд Худо.

15 Худованд Худо ба Сӯр чунин мегӯяд: охир, аз садои фурӯ ғалтидани ту, вақте ки андаруни ту маҷрӯҳон оҳу нола кунанд, ва куштори азиме ба амал ояд, ҷазираҳо ба ларза хоҳад омад.

16 Ва ҳамаи ҳокимони баҳр аз тахтҳои худ фурӯд хоҳанд омад, ва ҷомаҳои зебои худро дур хоҳанд кард, ва либосҳои гулдӯзии худро хоҳанд кашид; тарсу бим дар бар хоҳанд кард, бар замин хоҳанд нишаст, ва ҳар лаҳза хоҳанд ларзид, ва аз боиси ту моту мабҳут хоҳанд шуд;

17 Ва дар ҳаққи ту навҳа хоҳанд кард, ва ба ту хоҳанд гуфт:

„Эй, ки аз баҳрҳо маскун будӣ,

чӣ гуна ба ҳалокат расидаӣ, —

ин шаҳри шӯҳратманде ки дар баҳр пурзӯр буд,

ва худаш ва сокинонаш ҳайбати худро

бар ҳамаи сокинони баҳр ҷорӣ карда буданд!

18 Акнун, дар рӯзи фурӯ ғалтидани ту,

ҷазираҳо ба ларза хоҳад омад,

ва ҷазираҳое ки дар баҳр мебошад,

аз риҳлати ту ба даҳшат хоҳад афтод“.

19 Зеро ки Худованд Худо чунин мегӯяд: чун туро монанди шаҳрҳои ғайримаскун ба шаҳри вайронае табдил диҳам, ва вартаро бар ту барорам, то ки обҳои бисьёр туро бипӯшонад,

20 Он гоҳ туро бо ҳамаи онҳое ки дар гӯр фурӯд меоянд, назди қавми қадимӣ фурӯд хоҳам овард, ва туро дар асфалҳои замин, дар вайронаҳои абадӣ, бо онҳое ки дар гӯр фурӯд омадаанд, ҷойгир хоҳам кард, то ки дигар маскун нашавӣ; ва ҷалолро бар замини зиндагон зоҳир хоҳам сохт.

21 Туро рамзи даҳшат хоҳам гардонид, ва ба олами адам хоҳӣ рафт; ва туро ҷустуҷӯ хоҳанд кард, вале дигар то абад ёфт нахоҳӣ шуд, мегӯяд Худованд Худо».

27

БОБИ БИСТУ ҲАФТУМ

Навҳа дар бораи Сӯр.

1 Ва каломи Худованд бар ман нозил шуда, гуфт:

2 «Ва ту, эй писари одам, дар ҳаққи Сӯр навҳа намо,

3 Ва ба Сӯр бигӯй: эй, ки назди бандарҳои баҳр сокин шудаӣ, ва бар ҷазираҳои бисьёр бо қавмҳо тиҷорат мекунӣ! Худованд Худо чунин мегӯяд:

эй Сӯр! Ту гуфтаӣ: „Ман камоли зебоӣ ҳастам!“

4 Худуди ту дар дили баҳр аст;

бинокоронат зебоии туро мукаммал кардаанд:

5 Ҳамаи тахтаҳоятро аз сарви Санир тайёр кардаанд;

арзи Лубнонро гирифтаанд, то ки дагале бар ту бисозанд.

6 Белҳоятро аз булутҳои Бошон сохтаанд;

тахтаҳои рӯйбастатро аз дарахти шамшоди ҷазираҳои Киттим сохта, бо оҷ мурассаъ кардаанд;

7 Катони гулдӯзии Миср бодбони ту буд,

то ки ливое барои ту бошад.

Матои лоҷвард ва арғувон аз ҷазираҳои Алишо чодири ту буд.

8 Сокинони Сидӯн ва Арвад белкашҳои ту буданд;

донишмандони ту, эй Сӯр, ки дар ту буданд,

суккондорони ту буданд.

9 Пирони Ҷабал ва донишмандони он дар ту буданд,

рахнаҳои туро таъмир мекарданд;

ҳама гуна киштиҳои баҳр ва маллоҳонашон

дар ту буданд, то бо ту додугирифт намоянд.

10 Форс ва Луд ва Фут дар қӯшуни ту ҷанговарони ту буда, сипар ва хӯд бар ту меовехтанд; онҳо туро шавкат мебахшиданд.

11 Банӣ‐Арвад бо қӯшуни ту бар ҳисорҳоят гирдогирд меистоданд, ва ҷаммодон дар бурҷҳои ту буданд; онҳо сипарҳои худро бар ҳисорҳоят гирдогирд овехта, зебоии туро мукаммал мекарданд.

12 Таршиш ба сабаби фаровонии ҳар навъ дороии он бо ту тиҷорат мекард ва дар ивази молҳоят нуқра, оҳан, қалъагӣ ва қӯрғошим медод.

13 Ёвон, Тубол ва Мошак тоҷирони ту буда, дар ивази молҳоят ҷонҳои одам ва колои мисин медоданд.

14 Аз хонадони Туҷармо дар ивази молҳоят аспони ёбу ва саворӣ ва хачирон медоданд.

15 Банӣ‐Дадон тоҷирони ту буданд; аз ҷазираҳои бисьёр молҳо ба дасти ту медаромад; дандонҳои ашкии фил ва обнус ба ту инъом мекарданд.

16 Аҳли Арам бо ту, ба сабаби фаровонии маснӯотат, тиҷорат менамуданд; дар ивази молҳоят санги баҳрамон, матоъҳои арғувон, гулдӯзӣ ва катони нозук, ва марҷон ва ёқути руммонӣ медоданд.

17 Яҳудо ва замини Исроил бо ту тиҷорат мекарданд; дар ивази молҳоят гандуми Минит ва ҳалво ва асал ва равған ва баласон медоданд.

18 Димишқ, ба сабаби фаровонии маснӯотат ва аз бисьёрии ҳар гуна дороӣ, бо ту бо шароби Ҳалбун ва пашми сафед тиҷорат мекард.

19 Ва Дон ва Ёвон дар ивази молҳоят калоба медоданд; оҳани сайқалдор, пӯсти дарахти хушбӯй ва наи атрогин дар миёни молҳоят буд.

20 Дадон бо ту бо зинпӯшҳои зебо барои маркабҳо тиҷорат менамуд.

21 Араб ва ҳамаи раисони Қедор бо ту додугирифт доштанд: бо гӯсфандони парворӣ ва қӯчқорҳо ва нарбузҳо бо ту тиҷорат мекарданд.

22 Тоҷирони Шабо ва Раъмо бо ту тиҷорат доштанд; ҳар атриёти беҳтарин ва ҳар навъ сангҳои гаронбаҳо ва тилло дар ивази молҳоят медоданд.

23 Ҳорон ва Канна ва Адан, ва тоҷирони Шабо, ва Ашшур ва Килмод бо ту додугирифт доштанд.

24 Онҳо бо либосҳои зебо, ва ҷомаҳои лоҷвард ва гулдӯзӣ, ва сандуқҳои пур аз матоъҳои рангин, ки бо танобҳо маҳкам баста шуда буд, дар бозорҳоят бо ту тиҷорат мекарданд.

25 Киштиҳои Таршиш қофилаҳои тиҷорати ту буданд,

ва ту пур шуда, дар дили баҳрҳо бағоят гарон гардидӣ.

26 Белкашҳоят туро ба обҳои азим бурданд,

боди шарқӣ туро дар дили баҳрҳо дарҳам шикаст.

27 Дороият ва молҳоят, тиҷоратат,

маллоҳонат ва суккондоронат,

онҳое ки рахнаҳоятро таъмир мекарданд,

ва онҳое ки бо ту додугирифт доштанд,

ва ҳамаи ҷанговароне ки дар ту буданд,

ва тамоми ҷамоате ки андаруни ту буданд,

дар рӯзи шикасти ту дар дили баҳрҳо меафтанд.

28 Аз садои фиғони суккондоронат

чарогоҳҳои гирду атроф ба ларза меояд.

29 Ва ҳамаи белкашҳо, маллоҳон,

ҳамаи суккондорони баҳр аз киштиҳои худ фуромада, дар замин меистанд.

30 Ва дар ҳаққи ту овози худро баланд карда,

бо талхӣ фарьёд мезананд,

ва хок бар сари худ рехта, дар хокистар меғеланд;

31 Ва барои ту мӯйсари худро тамоман тарошида, палос мепӯшанд,

ва бо талхии ҷон барои ту зор‐зор гириста, навҳа мекунанд;

32 Ва дар гирьяи худ барои ту овозандозӣ мекунанд

ва навҳа намуда, мегӯянд:

„Кист мисли Сӯр,

ки андаруни баҳр хомӯш гардидааст!

33 Ҳангоме ки молҳоят аз баҳрҳо берун меомад,

қавмҳои бисьёрро сер мекардӣ,

бо фаровонии дороӣ ва тиҷорати худ

подшоҳони заминро бой мегардондӣ.

34 Алҳол, ки дар баҳрҳо,

дар умқҳои обҳо шикаст хӯрдаӣ,

молҳои ту ва тамоми ҷамоати ту

андаруни ту фурӯ ғалтидаанд.

35 Ҳамаи сокинони ҷазираҳо

дар бораи ту моту мабҳут шудаанд,

ва подшоҳонашон бисьёр ба ҳаяҷон омада,

пажмурдарӯй гардидаанд.

36 Тоҷирони қавмҳо дар бораи ту хайрон шуда ҳуштак мекашанд;

ту мавриди даҳшат гардидаӣ,

ва то абад дигар нахоҳӣ буд“».

28

БОБИ БИСТУ ҲАШТУМ

Набӣ подшоҳи Сӯрро мазаммат менамояд.

1 Ва каломи Худованд бар ман нозил шуда, гуфт:

2 «Эй писари одам! Ба раиси Сӯр бигӯй: „Худованд Худо чунин мегӯяд:

азбаски дили ту мағрур шудааст,

ва ту мегӯӣ: «Ман Худо ҳастам,

бар нишемангоҳи худоён нишастаам»,

ва ҳол он ки ту одамизод ҳастӣ ва на Худо,

валекин дили худро мисли худоён пиндоштаӣ,

3 Инак, ту аз Дониёл ҳакимтар ҳастӣ,

ва ҳеҷ сирре аз ту пӯшида нест;

4 Бо ҳикмат ва хиради худ

сарват барои худ ғун кардаӣ,

ва тиллову нуқра дар ганҷинаҳои худ андӯхтаӣ;

5 Бо фаровонии ҳикмати худ,

ба воситаи тиҷорати худ сарвати худро афзун кардаӣ,

ва дили ту аз сарвати ту мағрур шудааст,

6 Бинобар ин Худованд Худо чунин мегӯяд:

азбаски ту дили худро мисли дили худоён пиндоштаӣ,

7 Бинобар ин, инак Ман аҷнабиён,

золимтарини халқҳоро бар ту хоҳам овард,

ва онҳо шамшерҳои худро бар зебоии ҳикмати ту кашида,

латофати туро поймол хоҳанд кард;

8 Туро дар гӯр фурӯд хоҳанд овард,

ва ту бо мавти мақтулон дар дили баҳрҳо хоҳӣ мурд.

9 Оё ту ба ҳузури қотили худ хоҳӣ гуфт:

«Ман Худо ҳастам?» Ва ҳол он ки ту дар дасти кушандаи худ

одамизод хоҳӣ буд, ва на Худо.

10 Аз дасти аҷнабиён бо мавти номахтунон хоҳӣ мурд,

зеро ки Ман гуфтам, мегӯяд Худованд Худо“».

11 Ва каломи Худованд бар ман нозил шуда, гуфт:

12 «Эй писари одам! Дар ҳаққи подшоҳи Сӯр навҳа намо ва ба ӯ бигӯй: „Худованд Худо чунин мегӯяд:

ту нигини мукаммал, пуррагин ҳикмат ва камоли ҳусн ҳастӣ.

13 Ту дар Адан, дар боғи Худо будӣ;

либосҳои ту бо ҳар гуна санги гаронбаҳо:

лаъл, ёқути зард ва алмос, забарҷад, ҷазъ ва яшм,

ёқути кабуд, баҳрамон ва зумуррад мурассаъ буд,

ва санъати дафҳо ва найҳоят барои ту аз тилло буд,

ва ҳамааш дар рӯзи офариниши ту муҳайё шуда буд.

14 Ту каррубии бузургҷуссае ҳастӣ, ки бо болҳоят соя афкандаӣ,

ва Ман туро бар кӯҳи муқаддас ҷойгир кардам;

мисли яке аз худоён будӣ, ва андаруни сангҳои оташин роҳ мепаймудӣ.

15 Ту аз рӯзи офариниши худ дар роҳҳоят комил будӣ,

то вақте ки маъсияти ту ошкор гардид.

16 Дар баробари вусъат ёфтани тиҷорати ту

ботинат аз ситам пур шуд, ва ту гуноҳ кардӣ,

ва Ман туро аз кӯҳи Худо сарнагун сохтам,

ва туро, эй каррубии сояафкан,

аз даруни сангҳои оташин нест кардам.

17 Дили ту аз зебоии ту мағрур шуд,

ту ҳикмати худро аз боиси латофати худ нобуд кардӣ;

Ман туро бар замин задам, пеши подшоҳон вожгун намудам,

то ба ту бо нафрат назар андозанд.

18 Бо фаровонии гуноҳҳои худ,

бо ноинсофии тиҷорати худ ту маконҳои муқаддаси худро палид кардӣ;

ва Ман аз даруни ту оташе берун хоҳам овард,

ки он туро хоҳад сӯзонид,

ва Ман туро дар пеши назари ҳамаи бинандагонат

бар рӯи замин хокистар хоҳам гардонид.

19 Ҳамаи онҳое ки дар миёни қавмҳо туро мешинохтанд,

дар бораи ту моту мабҳут хоҳанд шуд;

ту мавриди даҳшат гардидаӣ,

ва то абад дигар нахоҳӣ буд“».

Доварӣ бар Сидӯн.

20 Ва каломи Худованд бар ман нозил шуда, гуфт:

21 «Эй писари одам! Рӯи худро ба тарафи Сидӯн бигардон, ва дар ҳаққи он нубувват намо.

22 Ва бигӯй: „Худованд Худо чунин мегӯяд:

Инак Ман ба ту, эй Сидӯн, зид ҳастам,

ва андаруни ту ҷалол хоҳам ёфт;

ва чун бар он доварӣ намуда, ба воситаи он тақдис ёбам,

хоҳанд донист, ки Ман Худованд ҳастам.

23 Ва вабо бар он, ва хун бар кӯчаҳояш хоҳам фиристод,

ва шаҳидон андаруни он аз шамшере

ки аз ҳар ҷониб бар он меояд, хоҳанд афтод;

ва хоҳанд донист, ки Ман Худованд ҳастам.

24 Ва он дигар барои хонадони Исроил аз миёни ҳамаи атрофиёнашон, ки аз онҳо нафрат доранд, янтоқи халанда ва хори дардовар нахоҳад буд; ва хоҳанд донист, ки Ман Худованд Худо ҳастам.

Худованд ваъда медиҳад, ки Исроилро аз парокандагӣ ҷамъ оварад.

25 Худованд Худо чунин мегӯяд: ҳангоме ки Ман хонадони Исроилро аз миёни қавмҳое ки андарунашон пароканда шудаанд, ҷамъ оварам ва ба воситаи онҳо дар назари халқҳо тақдис ёбам, онҳо дар замини худашон, ки ба бандаи худ Яъқуб додаам, сокин хоҳанд шуд;

26 Ва дар он дар амният сокин шуда, хонаҳо бино хоҳанд кард ва токҳо хоҳанд шинонид ва дар амният сокин хоҳанд шуд; ҳангоме ки бар ҳамаи атрофиёнашон, ки аз онҳо нафрат доранд, доварӣ намоям, хоҳанд донист, ки Ман Худованд Худои онҳо ҳастам“».

29

БОБИ БИСТУ НӮҲУМ

Нубувват дар бораи Миср.

1 Дар соли даҳум, дар рӯзи дувоздаҳуми моҳи даҳум, каломи Худованд бар ман нозил шуда, гуфт:

2 «Эй писари одам! Рӯи худро ба тарафи фиръавн подшоҳи Миср бигардон, ва дар ҳаққи ӯ ва тамоми Миср нубувват намо.

3 Сухан ронда, бигӯй: „Худованд Худо чунин мегӯяд:

инак Ман ба ту, эй фиръавн подшоҳи Миср, зид ҳастам!

Эй тимсоҳи бузург, ки андаруни наҳрҳои худ хобида, мегӯӣ:

«Наҳри ман аз они ман аст,

ва ман онро ба вуҷуд овардаам».

4 Вале Ман чангакҳо дар ҷоғҳоят хоҳам андохт,

ва моҳиёни наҳрҳоятро ба пулакчаҳоят хоҳам часпонид,

ва туро аз даруни наҳрҳоят хоҳам баровард,

бо ҳамаи моҳиёни наҳрҳоят,

ки ба пулакчаҳои ту часпида бошанд.

5 Ва туро дар биёбон хоҳам партофт,

туро бо ҳамаи моҳиёни наҳрҳоят;

ту бар рӯи саҳро хоҳӣ афтод, ва дигар ҷамъ карда ва фароҳам оварда нахоҳӣ шуд;

туро тӯъмаи ҳайвоноти замин ва мурғони ҳаво

хоҳам гардонид.

6 Ва ҳамаи сокинони Миср хоҳанд донист,

ки Ман Худованд ҳастам,

чунки онҳо барои хонадони Исроил асои наин буданд.

7 Вақте ки туро ба даст гирифтанд,

ту пора шуда, тамоми китфашонро маҷрӯҳ сохтӣ;

ва ҳангоме ки бар ту такья карданд,

ту шикаста, тамоми камари онҳоро бемаҷол гардондӣ.

8 Бинобар ин Худованд Худо чунин мегӯяд: инак Ман бар ту шамшер хоҳам овард, ва аз миёни ту инсон ва ҳайвонро несту нобуд хоҳам кард.

9 Ва замини Миср валангор ва харобазор хоҳад гардид, ва хоҳанд донист, ки Ман Худованд ҳастам, чунки мегуфт: «Наҳр аз они ман аст, ва ман онро ба вуҷуд овардаам».

10 Бинобар ин, инак Ман ба ту ва ба наҳрҳоят зид ҳастам, ва замини Мисрро аз Миҷдӯл то Асвон ва то сарҳади Ҳабаш тамоман харобу валангор хоҳам сохт.

11 Пои инсон аз он гузар нахоҳад кард, ва пои ҳайвон аз он гузар нахоҳад кард; ва он чил сол маскун нахоҳад шуд.

12 Ва замини Мисрро андаруни заминҳои вайронаю валангор, валангор хоҳам кард, ва шаҳрҳояш андаруни шаҳрҳои хароба чил сол вайронаю валангор хоҳад буд; ва аҳли Мисрро дар миёни халқҳо пароканда хоҳам сохт, ва дар миёни кишварҳо парешон хоҳам кард.

13 Зеро ки Худованд Худо чунин мегӯяд: баъд аз тамом шудани чил сол аҳли Мисрро аз миёни қавмон, ки дар он ҷо пароканда шудаанд, ҷамъ хоҳам кард;

14 Ва асирони Мисрро хоҳам баргардонид, ва онҳоро ба замини Фатрус, ба замини зодгоҳашон хоҳам овард, ва дар он ҷо мамлакати заифе хоҳанд буд.

15 Он пасттарини мамлакатҳо хоҳад буд ва дигар бар халқҳо бартарӣ нахоҳад дошт; ва Ман онҳоро хурд хоҳам гардонид, то ки бар халқҳо хукмронӣ накунанд.

16 Ва он дигар барои хонадони Исроил пушту паноҳе нахоҳад буд, ки маъсияташонро ба ёд меоварда бошад, ки он вақт онҳо ба он муроҷиат карда буданд; ва хоҳанд донист, ки Ман Худованд Худо ҳастам“».

17 Ва чунин воқеъ шуд, ки дар соли бисту ҳафтум, дар рӯзи якуми моҳи якум, каломи Худованд бар ман нозил шуда, гуфт:

18 «Эй писари одам! Набукаднесар подшоҳи Бобил лашкари худро назди Сӯр меҳнати азиме фармуд; ҳар калла бемӯй ва ҳар китф захмдор гардид, вале худаш ва лашкараш аз Сӯр барои меҳнате ки назди он ба ҷо оварданд, ҳеҷ музде пайдо накарданд.

19 Бинобар ин Худованд Худо чунин мегӯяд: инак Ман замини Мисрро ба Набукаднесар подшоҳи Бобил хоҳам дод, ва ӯ дороии онро хоҳад бурд, ва ғанимати онро ба ғанимат хоҳад гирифт ва тороҷкардаи онро тороҷ хоҳад кард, ва ин барои лашкараш музде хоҳад шуд.

20 Барои амалиёте ки ӯ назди он ба ҷо овардааст, Ман замини Мисрро ба ӯ хоҳам дод, чунки он корро барои Ман кардаанд, мегӯяд Худованд Худо.

21 Дар он рӯз Ман шохе барои хонадони Исроил хоҳам рӯёнид, ва даҳони туро андаруни онҳо хоҳам кушод, ва хоҳанд донист, ки Ман Худованд ҳастам».

30

БОБИ СИЮМ

Дар бораи он ки Мисрро дар рӯзи Худованд чӣ мусибатҳо дар пеш аст.

1 Ва каломи Худованд бар ман нозил шуда, гуфт:

2 «Эй писари одам! Нубувват намуда, бигӯй: „Худованд Худо чунин мегӯяд:

зор‐зор гириста, бигӯед: «Вой бар он рӯз!»

3 Зеро ки он рӯз наздик аст,

ва рӯзи Худованд наздик аст;

рӯзи тира, замони халқҳо фаро мерасад.

4 Ва шамшер бар Миср меояд,

ва Ҳабашро тарсу бим фаро хоҳад гирифт,

вақте ки дар Миср шаҳидон фурӯ ғалтанд,

ва дороии онро бигиранд,

ва асосҳои он хароб гардад.

5 Ҳабаш ва Фут ва Луд ва тамоми омезиши қабилаҳо ва Куб, ва аҳли замини аҳд ҳамроҳи онҳо аз шамшер хоҳанд афтод.

6 Худованд чунин мегӯяд:

ва мададгорони Миср фурӯ хоҳанд ғалтид,

ва кибриёи қуввати он аз Миҷдӯл то Асвон паст хоҳад шуд;

дар он аз шамшер хоҳанд афтод, мегӯяд Худованд Худо.

7 Ва он андаруни кишварҳои вайронаю валангор, валангор хоҳад шуд, ва шаҳрҳои он андаруни шаҳрҳои хароба хоҳад буд.

8 Ва хоҳанд донист, ки Ман Худованд ҳастам; ҳангоме ки Ман бар Миср оташ занам, ҳамаи ёваронаш шикаст хоҳанд хӯрд.

9 Дар он рӯз аз ҳузури Ман қосидон бо киштиҳо берун хоҳанд рафт, то ки ҳабашиёни бепарворо ба ҳарос андозанд; ва онҳоро, мисли рӯзи Миср, тарсу бим фаро хоҳад гирифт, зеро ки инак он фаро мерасад.

10 Худованд Худо чунин мегӯяд: ва Ман ба анбӯҳи Миср ба воситаи Набукаднесар подшоҳи Бобил хотима хоҳам дод.

11 Ӯ ва қавми ӯ бо ӯ, золимтарини халқҳо, барои несту нобуд кардани ин замин оварда хоҳанд шуд, ва онҳо шамшери худро бар Миср кашида, заминро аз мақтулон пур хоҳанд кард.

12 Ва Ман наҳрҳоро хоҳам хушконид, ва заминро ба дасти шарирон хоҳам супурд; ва заминро бо ҳар чи дар он аст, бо дасти аҷнабиён валангор хоҳам кард; Ман, ки Худованд ҳастам, гуфтам.

13 Худованд Худо чунин мегӯяд: ва Ман бутҳоро нест хоҳам кард, ва санамҳоро аз Нӯф барҳам хоҳам дод, ва раисе аз замини Миср дигар нахоҳад буд, ва Ман замини Мисрро ба ҳарос хоҳам андохт.

14 Ва Фатрусро ба харобазор табдил хоҳам дод, ва оташ бар Суан хоҳам зад, ва доварӣ бар Нӯ хоҳам кард.

15 Ва ғазаби Худро бар Син, ки истеҳкоми Миср аст, фурӯ хоҳам рехт, ва анбӯҳи Нӯро маҳв хоҳам кард.

16 Ва ҳангоме ки бар Миср оташ занам, Син ба ларза хоҳад омад, ва Нӯ рахнадор хоҳад шуд, ва Нӯф ҳамеша ба ҳуҷуми душманон дучор хоҳад гардид.

17 Ҷавонони Ӯн ва Фибаст аз шамшер хоҳанд афтод, ва бақияи онҳо ба асирӣ хоҳанд рафт.

18 Ва дар Таҳфанаҳес рӯз торик хоҳад шуд, вақте ки Ман юғи Мисрро дарҳам шиканам, ва кибриёи қуввати он хотима ёбад; абрҳо онро хоҳад пӯшонид, ва деҳоти атрофи он ба асирӣ хоҳанд рафт.

19 Ва ҳангоме ки бар Миср доварӣ намоям, хоҳанд донист, ки Ман Худованд ҳастам“».

Дар ҷанги Миср ва Бобил Худованд тарафдори Бобил аст.

20 Ва чунин воқеъ шуд, ки дар соли ёздаҳум, дар рӯзи ҳафтуми моҳи якум, каломи Худованд бар ман нозил шуда, гуфт:

21 «Эй писари одам! Ман бозуи фиръавн подшоҳи Мисрро дарҳам шикастаам; ва инак он ҷароҳатбандӣ карда нашудааст, то ки шифо ёбад, ва тахтабанде бар он гузошта нашудааст, то ки барои нигоҳ доштани шамшер пайванд ва қавӣ гардад.

22 Бинобар ин Худованд Худо чунин мегӯяд: инак Ман ба фиръавн подшоҳи Миср зид ҳастам, ва бозуҳои ӯро, ҳам сиҳҳаташ ва ҳам шикастаашро, дарҳам хоҳам шикаст, ва шамшерро аз дасти ӯ хоҳам ғалтонид.

23 Ва аҳли Мисрро дар миёни халқҳо пароканда хоҳам сохт, ва онҳоро дар кишварҳо парешон хоҳам кард.

24 Ва бозуҳои подшоҳи Бобилро боқувват хоҳам кард, ва шамшери худро ба дасти ӯ хоҳам дод, ва бозуҳои фиръавнро дарҳам хоҳам шикаст, то ки ба ҳузури душман бо оҳу нолаи шаҳидон оҳу нола кунад.

25 Ва бозуҳои подшоҳи Бобилро тақвият хоҳам дод, вале бозуҳои фиръавн фурӯ хоҳад ғалтид; ва хоҳанд донист, ки Ман Худованд ҳастам, вақте ки шамшери Худро ба дасти подшоҳи Бобил бидиҳам, ва ӯ онро бар замини Миср дароз кунад.

26 Ва аҳли Мисрро дар миёни халқҳо пароканда хоҳам сохт, ва онҳоро дар кишварҳо парешон хоҳам кард; ва хоҳанд донист, ки Ман Худованд ҳастам».

31

БОБИ СИЮ ЯКУМ

Нубувват дар бораи фиръавн.

1 Ва чунин воқеъ шуд, ки дар соли ёздаҳум, дар рӯзи якуми моҳи сеюм, каломи Худованд бар ман нозил шуда, гуфт:

2 «Эй писари одам! Ба фиръавн подшоҳи Миср ва ба анбӯҳи ӯ бигӯй: „дар бузургии худ ту ба кӣ монандӣ дорӣ?

3 Инак, ашшур+ 31:3 Ашшур — дарахти теашшур (шамшод) дар назар дошта шудааст, ки яке аз навъҳои дараҳти арз аст. арзест дар Лубнон, ки дорои шохаҳои зебост, ва мисли бешаи серсоя аст, ва қоматаш баланд аст, ва дар миёни анбӯҳи шохаҳо сар афрохтааст.

4 Обҳо онро сабзонидааст, варта онро баланд кардааст: вай наҳрҳояшро гирдогирди киштзори худ ҷорӣ намудааст, ва ҷӯйҳояшро сӯи ҳамаи дарахтони саҳро фиристодааст.

5 Бинобар ин қомати он аз ҳамаи дарахтони саҳро баландтар шудааст, ва шохаҳои он афзудааст, ва навдаҳои теппаҳои он аз обҳои бисьёр нашъунамо ёфта, дароз шудааст.

6 Дар миёни шохаҳои он ҳамаи мурғони ҳаво лона месохтанд, ва зери навдаҳояш тамоми ҳайвоноти саҳро бача меоварданд, ва дар сояи он ҳар навъ халқҳои сершумор сукунат доштанд.

7 Ва он бо бузургии худ, бо дарозии шохаҳои худ хушнамуд гардид, зеро ки решаҳояш назди обҳои бисьёр буд.

8 Арзҳои боғи Худо онро наметавонист пинҳон созад; сарвҳо ба шохаҳои он монандӣ надошт, ва қастонаҳо мисли навдаҳои он набуд; ҳеҷ як дарахти боғи Худо дар зебоии худ ба он монанд набуд.

9 Ман онро бо фаровонии шохаҳояш зебо гардонидаам, ба тавре ки ҳамаи дарахтони Адан, ки дар боғи Худо мебошанд, аз он ҳасад мебурданд.

10 Бинобар ин Худованд Худо чунин мегӯяд: азбаски қомати ту баланд шудааст, ва ту дар миёни анбӯҳи шохаҳо сар афрохтаӣ, ва дилат аз баландии қадат мағрур гардидааст,

11 Бинобар ин Ман онро ба дасти зӯровари халқҳо хоҳам супурд, то ки ба он бар тибқи шарорати он амал кунад; ва онро бадар хоҳам ронд.

12 Ва аҷнабиён, золимтарини халқҳо, онро бурида, фурӯ хоҳанд ғалтонид; шоҳахои он бар кӯҳҳо ва дар ҳамаи дараҳо хоҳад афтод, ва навдаҳои он дар ҳамаи рӯдхонаҳои замин хоҳад шикаст, ва ҳамаи қавмҳои замин аз зери сояи он фурӯд омада, онро тарк хоҳанд кард.

13 Бар шикастапораҳои он ҳар навъ мурғони ҳаво сокин хоҳанд шуд, ва дар миёни навдаҳояш ҳар гуна ҳайвоноти саҳро хоҳанд буд,

14 То ки ҳеҷ яке аз дарахтони назди обҳо аз қади баланди худ мағрур нашавад, ва дар миёни анбӯҳи шоҳаҳо сар наафрозад, ва ҳамаи дарахтони обхӯр кибриёи худро ба сабаби баландии худ афзун накунанд; зеро ки ҳамаи онҳо дар асфалуссофилин андаруни банӣ‐одаме ки дар гӯр фурӯд омадаанд, маҳкуми мамот мебошанд.

15 Худованд Худо чунин мегӯяд: дар рӯзе ки вай дар гӯр фурӯд ояд, Ман вартаро сӯгдор гардонида, барои вай либоси мотамӣ хоҳам пӯшонид, ва ҷараёни наҳрҳояшро хоҳам боздошт, ва обҳои бисьёр аз ҳаракат хоҳад монд; ва Лубнонро барои вай шикастадил хоҳам кард, ва ҳамаи дарахтони саҳро барояш пажмурда хоҳанд шуд.

16 Аз садои фурӯ ғалтиданаш халқҳоро ба ларза хоҳам овард, вақте ки варо бо онҳое ки дар гӯр фурӯд меоянд, дар дӯзах фурӯд оварам, ва он гоҳ ҳамаи дарахтони Адан, ки гузину беҳтарини Лубнон мебошанд, яъне ҳамаи обхӯрон дар асфалуссофилин тасаллӣ хоҳанд ёфт.

17 Онҳо низ ҳамроҳи вай сӯи мақтулони шамшер дар дӯзах фурӯд хоҳанд омад; ва мададгорони вай низ, ки дар сояи вай андаруни халқҳо сокин буданд.

18 Пас, ба кадоме аз дарахтони Адан ту дар ҷалол ва бузургии худ монандӣ доштӣ? Валекин бо дарахтони Адан дар асфалуссофилин фурӯд оварда хоҳӣ шуд, андаруни номахтунон бо мақтулони шамшер хоҳӣ хобид; ин фиръавн аст бо тамоми анбӯҳи вай, мегӯяд Худованд Худо“».

32

БОБИ СИЮ ДУЮМ

Андӯҳ дар бораи тақдири фиръавн.

1 Ва чунин воқеъ шуд, ки дар соли дувоздаҳум, дар рӯзи якуми моҳи дувоздаҳум, каломи Худованд бар ман нозил шуда, гуфт:

2 «Эй писари одам! Дар ҳаққи фиръавн подшоҳи Миср навҳа намо ва ба ӯ бигӯй:

„эй, ки худро шери жаёни халқҳо мепиндоштӣ!

Вале ту мисли тимсоҳе дар баҳрҳо ҳастӣ,

ва дар наҳрҳои худ ҷавлон менамоӣ,

ва обҳоро бо пойҳои худ лой мекунӣ,

ва наҳрҳошонро лойқазор мегардонӣ“.

3 Худованд Худо чунин мегӯяд:

Ман тӯри Худро дар ҷамъомади қавмҳои бисьёр

бар ту хоҳам густурд,

ва онҳо туро бо тӯри Ман хоҳанд баровард.

4 Ва туро бар замин хоҳам партофт,

бар рӯи саҳро хоҳам андохт,

ва ҳар навъ мурғони ҳаворо дар ту ҷойгир хоҳам кард,

ва ҳайвоноти тамоми заминро аз ту сер хоҳам сохт.

5 Ва гӯшти туро бар кӯҳҳо хоҳам партофт,

ва дараҳоро аз лошаҳоят пур хоҳам кард.

6 Ва замини обьёрии туро бо ҳуни ту,

ки аз кӯҳҳо ҷорӣ мешавад, обьёрӣ хоҳам намуд;

ва рӯдхонаҳо аз ту пур хоҳад шуд.

7 Ва ҳангоме ки ту хомӯш шавӣ, осмонро хоҳам пӯшонид,

ва ситораҳои онро торик хоҳам кард;

офтобро бо абр хоҳам пӯшонид,

ва моҳ рӯшноии худро нахоҳад дод.

8 Ҳамаи найирҳои нурафкани осмонро

бар ту сиёҳ хоҳам гардонид,

ва торикӣ бар замини ту хоҳам овард,

мегӯяд Худованд Худо.

9 Ва дили қавмҳои бисъёрро ба изтироб хоҳам андохт, вақте ки хабари шикасти туро ба халқҳо, ба заминҳое ки ту намешинохтӣ, бирасонам.

10 Ва қавмҳои бисьёрро дар ҳаққи ту моту мабҳут хоҳам сохт, ва подшоҳони онҳо дар ҳаққи ту бағоят ба ларза хоҳанд омад, вақте ки шамшери Худро пеши рӯяшон ҷавлон диҳам; ва онҳо дар рӯзи фурӯ ғалтидани ту ҳар яке барои ҷони худ ҳар лаҳза хоҳанд ларзид.

11 Зеро ки Худованд Худо чунин мегӯяд: шамшери подшоҳи Бобил бар ту хоҳад омад.

12 Бо шамшери зӯроварон, ки ҳамаашон золимтарини халқҳо мебошанд, анбӯҳи туро фурӯ хоҳам ғалтонид;

ва онҳо кибриёи Мисрро несту нобуд хоҳанд кард,

ва тамоми анбӯҳи он ба ҳалокат хоҳанд расид.

13 Ва ҳамаи чорпоёни онро назди обҳои фаровон маҳв хоҳам намуд,

ва пои одамизод дигар онҳоро лой нахоҳад кард,

ва суми чорпоён онҳоро лой нахоҳад кард.

14 Он гоҳ обҳои онҳоро софу зулол гардонида,

наҳрҳои онҳоро мисли равған ҷорӣ хоҳам намуд, мегӯяд Худованд Худо.

15 Ҳангоме ки замини Мисрро вайронаю валангор намоям,

ва замин аз ҳар чи дар он аст, тиҳӣ гардад,

ва ҳангоме ки ҳамаи сокинони онро ба ҳалокат бирасонам,

он гоҳ хоҳанд донист, ки Ман Худованд ҳастам.

Суруди навҳагарӣ дар бораи Миср.

16 Навҳае ки хоҳанд хонд, ҳамин аст, ва духтарони халқҳо онро хоҳанд хонд; дар ҳаққи Миср ва дар ҳаққи анбӯҳаш онро хоҳанд хонд, мегӯяд Худованд Худо».

17 Ва чунин воқеъ шуд, ки дар соли дувоздаҳум, дар рӯзи понздаҳуми моҳ, каломи Худо бар ман нозил шуда, гуфт:

18 «Эй писари одам! Дар ҳаққи анбӯҳи Миср навҳа намо ва онро, — ҳам онро ва ҳам духтарони халқҳои кабирро, — ба асфалуссофилин фурӯд овар, то бо онҳое бошанд, ки дар гӯр фурӯд омадаанд.

19 „Ту аз кӣ хубтарӣ? Фурӯд ой ва бо номахтунон бихоб“.

20 Андаруни мақтулони шамшер фурӯ хоҳанд ғалтид: шамшер супурда шудааст; ӯро бо тамоми анбӯҳаш бикашед.

21 Гузини зӯроварон аз даруни дӯзах дар ҳаққи ӯ ва мададгоронаш хоҳанд гуфт: „Инак, ин номахтунон, ин мақтулони шамшер фурӯд омада, хобидаанд!“

22 Дар он ҷо Ашшур ва тамоми ҷамоати ӯ мебошанд, ки қабрҳошон гирдогирди ӯст; ҳамаашон мақтулоне ҳастанд, ки аз шамшер афтодаанд.

23 Қабрҳои ӯ дар ақсои гӯристон ҷойгир шудааст, ва ҷамоати ӯ гирдогирди қабри ӯст; ҳамаашон мақтулоне ҳастанд, ки аз шамшер афтодаанд, дар сурате ки дар замини зиндагон ҳамаро дар даҳшат меандохтанд.

24 Дар он ҷо Элом аст, ва тамоми анбӯҳаш гирдогирди кабри ӯст; ҳамаашон мақтулоне ҳастанд, ки аз шамшер афтодаанд, ва дар ҳолати номахтунӣ ба асфалуссофилин фурӯд омадаанд, дар сурате ки дар замини зиндагон ҳамаро дар даҳшат меандохтанд, ва алҳол бо онҳое ки дар гӯр фурӯд омадаанд, бори нанги худро мебардоранд.

25 Ба ӯ бо тамоми анбӯҳаш андаруни мақтулон ҷойхобе додаанд; қабрҳошон гирдогирди ӯст; ҳамаашон номахтуноне ҳастанд, ки ба дами шамшер кушта шудаанд, дар сурате ки дар замини зиндагон дар даҳшат меандохтанд, ва алҳол бо онҳое ки дар гӯр фурӯд омадаанд, бори нанги худро мебардоранд, ва андаруни мақтулон ҷойгир шудаанд.

26 Дар он ҷо Мошак ва Тубол ва тамоми анбӯҳашон мебошанд, ки қабрҳошон гирдогирди онҳост; ҳамаашон номахтуноне ҳастанд, ки ба дами шамшер кушта шудаанд, дар сурате ки дар замини зиндагон ҳамаро дар даҳшат меандохтанд.

27 Ва онҳо, ки аз миёни номахтунон фурӯ ғалтидаанд, бо зӯровароне наҳоҳанд хобид, ки бо аслиҳаи ҷангии худ дар дӯзах фурӯд омадаанд, ва шамшерҳои худро зери сарашон гузоштаанд. Гуноҳи онҳо бар устухонҳошон хоҳад буд, зеро ки дар замини зиндагон зӯроваронро дар даҳшат меандохтанд.

28 Ту низ андаруни номахтунон шикаст хоҳӣ хӯрд, ва бо мақтулони шамшер хоҳӣ хобид.

29 Дар он ҷо Адӯм, подшоҳонаш ва ҳамаи раисонаш мебошанд, ки бо вуҷуди зӯроварии худ бо мақтулони шамшер ҷойгир шудаанд; онҳо бо номахтунон ва бо онҳое ки дар гӯр фурӯд омадаанд, хобидаанд.

30 Дар он ҷо ҳокимони шимол ва ҳамаи сидӯниён мебошанд, ки бо вуҷуди даҳшати худ, аз зӯроварии худ хиҷил гардида, бо мақтулон фурӯд омадаанд, ва бо мақтулони шамшер дар ҳолати номахтунӣ хобидаанд, ва алҳол бо онҳое ки дар гӯр фурӯд омадаанд, бори нанги худро мебардоранд.

31 Фиръавн онҳоро дида, дар хусуси тамоми анбӯҳи худ тасаллӣ хоҳад ёфт; фиръавн ва тамоми лашкари ӯ мақтулони шамшер хоҳанд буд, мегӯяд Худованд Худо.

32 Зеро ки Ман ӯро вогузоштаам, ки дар замини зиндагон ҳамаро дар даҳшат андозад, ва ӯ, яъне фиръавн ва тамоми анбуҳаш, андаруни номахтунон бо мақтулони шамшер хобонида хоҳад шуд, мегӯяд Худованд Худо».

33

БОБИ СИЮ СЕЮМ

Дастуру машваратҳо ба асироне ки дар Бобил мебошанд.

1 Ва каломи Худованд бар ман нозил шуда, гуфт:

2 «Эй писари одам! Бо писарони қавми худ сухан ронда, ба онҳо бигӯй: агар Ман бар замине шамшер оварам, ва қавми он замин касеро аз миёни худ гирифта, ӯро барои худ дидбон таъин кунанд,

3 Ва ӯ шамшерро, ки бар он замин меояд, бубинад, ва шох навохта, қавмро огоҳ намояд,

4 Ва агар касе садои шохро шунида, эҳтиёт нашавад, он гоҳ шамшер омада, ӯро гирифтор хоҳад кард, ва хуни ӯ бар гардани ӯ хоҳад буд.

5 Ӯ садои шохро шунид, вале зҳтиёт нашуд, хунаш бар гарданаш хоҳад буд; ва агар зҳтиёт мешуд, ҷони худро раҳо мекард.

6 Ва агар дидбон шамшерро, ки меояд, бубинад, вале шох нанавозад ва қавмро огоҳ нанамояд, ва шамшер омада, ҷонеро аз миёни онҳо гирифтор кунад, вай дар гуноҳи худ гирифтор шудааст, вале хуни варо аз дасти дидбон талаб хоҳам кард.

7 Ва ту, эй писари одам! Ман туро барои хонадони Исроил дидбон таъин намудаам, ва ту каломро аз даҳони Ман шунида, онҳоро аз Ман огоҳ хоҳӣ намуд.

8 Ҳангоме ки Ман ба шарире бигӯям: „Эй шарир, албатта хоҳӣ мурд!“ — вале ту сухане нагӯӣ барои он ки шарирро аз роҳи ӯ огоҳ намоӣ, он шарир дар гуноҳи худ хоҳад мурд, аммо хуни ӯро Ман аз дасти ту талаб хоҳам кард.

9 Валекин агар ту шариреро аз роҳи ӯ огоҳ намоӣ, то ки аз он тавба кунад, ва ӯ аз роҳи худ тавба накунад, ӯ дар гуноҳи худ хоҳад мурд, ва ту ҷони худро наҷот додаӣ.

10 Ва ту, эй писари одам, ба хонадони Исроил бигӯй: „Шумо сухан ронда, чунин мегӯед: модоме ки маъсиятҳо ва гуноҳҳои мо бар гардани мост, ва мо дар онҳо обу адо шуда истодаем, пас чӣ тавр мо зинда хоҳем монд?“

11 Ба онҳо бигӯй: „ба ҳаёти Худам қасам ки, мегӯяд Худованд Худо, Ман мурдани шарирро хоҳон нестам, балки онро, ки шарир аз роҳи худ тавба карда, зинда монад. Аз роҳҳои бади худ тавба кунед, тавба кунед, эй хонадони Исроил! Пас чаро бимиред?“

12 Ва ту, эй писари одам, ба писарони қавми худ бигӯй: „адолати одил ӯро дар рӯзе ки гуноҳкор шавад, раҳо нахоҳад кард, ва шарорати шарир дар рӯзе ки ӯ аз шарорати худ тавба кунад, сабаби ҳалокати ӯ нахоҳад шуд; ва одил дар рӯзе ки гуноҳ кунад, ба туфайли адолати худ зинда нахоҳад монд.

13 Ҳангоме ки Ман дар бораи одил гӯям: «Ӯ албатта зинда хоҳад монд», ва ӯ ба адолати худ эътимод намуда, ноинсофӣ кунад, тамоми адолати ӯ ба ёд оварда нахоҳад шуд, ва ӯ дар ноинсофие ки кардааст, хоҳад мурд.

14 Ва ҳангоме ки Ман ба шарир гӯям: «Албатта хоҳӣ мурд», ва ӯ аз гуноҳи худ тавба карда, аз рӯи адлу инсоф амал намояд,

15 Яъне ин шарир моли гаравиро баргардонад, баҳои он чиро, ки дуздидааст, адо кунад, бар тибқи фароизи ҳаёт рафтор намояд, бе он ки ноинсофие ба амал оварад, ӯ албатта зинда хоҳад монд ва нахоҳад мурд.

16 Ҳамаи гуноҳҳое ки ӯ кардааст, ба ёд оварда нахоҳад шуд; модоме ки ӯ аз рӯи адлу инсоф амал намудааст, албатта зинда хоҳад монд“.

17 Валекин писарони қавми ту мегӯянд: „Роҳи Худованд дуруст нест“, ва ҳол он ки роҳи худашон дуруст нест.

18 Агар одил аз адолати худ баргашта, ноинсофие ба амал оварад, ӯ аз боиси он хоҳад мурд.

19 Ва агар шарир аз шарорати худ тавба карда, аз рӯи адлу инсоф амал намояд, ӯ аз боиси он зинда хоҳад монд.

20 Валекин шумо мегӯед: „Роҳи Худованд дуруст нест“. Ман бар ҳар яке аз шумо, эй хонадони Исроил, мувофиқи рафтору кирдораш доварӣ хоҳам намуд».

21 Ва чунин воқеъ шуд, ки дар соли дувоздаҳуми ҷалои ватан шудани мо, дар рӯзи панҷуми моҳи даҳум, растагоре аз Ерусалим назди ман омада, гуфт: «Шаҳр мусаххар шуд».

22 Ва дасти Худованд шомгоҳ, пеш аз омадани он растагор, бар ман ниҳода шуда буд, ва Ӯ даҳони маро пеш аз он ки вай бомдодон назди ман ояд, кушода буд; ва даҳонам кушода шуд, ва ман дигар лол набудам.

Дар бораи онҳое ки каломро мешунаванд, лекин бар тибқи он рафтор намекунанд.

23 Ва каломи Худованд бар ман нозил шуда, гуфт:

24 «Эй писари одам! Сокинони ин вайронаҳои замини Исроил сухан ронда, мегӯянд: „Иброҳим як нафар буд ва ин заминро мерос гирифт; ва мо бисьёр ҳастем, ба мо ин замин мерос дода шудааст“.

25 Бинобар ин ба онҳо бигӯй: „Худованд Худо чунин мегӯяд: гӯштро бо хуни он мехӯред, ва чашмони худро сӯи бутҳои худ баланд мекунед, ва хун мерезед, — оё ин заминро мерос хоҳед гирифт?

26 Бар шамшери худ такья менамоед, корҳои зишт мекунед ва зани якдигарро палид месозед, — оё ин заминро мерос хоҳед гирифт“?

27 Ба онҳо чунин бигӯй: „Худованд Худо чунин мегӯяд: ба ҳаёти Худам қасам ки онҳое ки дар вайронаҳо мебошанд, аз шамшер хоҳанд афтод; ва онҳоеро, ки дар саҳро ҳастанд, барои хӯрок ба ҳайвонот хоҳам дод; ва онҳое ки дар қалъаҳо ва мағораҳо мебошанд, аз вабо хоҳанд мурд.

28 Ва ин заминро вайронаю валангор хоҳам гардонид, ва кибриёи қувваташ хотима хоҳад ёфт; ва кӯҳҳои Исроил харобазор хоҳад шуд, ба тавре ки роҳгузаре нахоҳад буд.

29 Ва хоҳанд донист, ки Ман Худованд ҳастам, вақте ки ин заминро барои ҳамаи корҳои зиште ки кардаанд, вайронаю валангор гардонам“.

30 Ва ту, эй писари одам, писарони қавми ту дар сояи деворҳо ва назди дарҳои хонаҳо дар бораи ту сухан меронанд, ва ҳар яке ба дигаре, ҳар кас ба бародараш, сухан ронда, мегӯяд: „Биёед ва бишнавед, ки чӣ каломе аз ҷониби Худованд берун омадааст“.

31 Ва назди ту мисли ҷамъомади қавм меоянд, ва қавми Ман ба ҳузури ту нишаста, суханони туро мешунаванд, вале онҳоро ба ҷо намеоваранд; зеро ки онҳо бо даҳони худ ишқбозӣ мекунанд, аммо дилашон пайрави ҳирсашон мебошад.

32 Ва инак, ту барои онҳо мисли суруди ишқбозӣ ҳастӣ, ки овози хуше дорӣ ва ба хубӣ менавозӣ; ва суханонатро мешунаванд, вале онҳоро ба ҷо намеоваранд.

33 Валекин вақте ки фаро расад, — инак, фаро мерасад, — хоҳанд донист, ки набие андаруни онҳо буд».

34

БОБИ СИЮ ЧОРУМ

Нубувват дар бораи чӯпонони бевафои Исроил.

1 Ва каломи Худованд бар ман нозил шуда, гуфт:

2 «Эй писари одам! Дар бораи чӯпонони Исроил нубувват намо, ва нубувват намуда, ба онҳо, яъне ба чӯпонон, бигӯй: „Худованд Худо чунин мегӯяд: вой бар ҳоли чӯпонони Исроил, ки худашонро мечарониданд! Ва ҳол он ки чӯпонон бояд рамаро чаронанд.

3 Шумо равғани дунба мехӯрдед ва либоси пашмин мепӯшидед, гӯсфанди парвориро мекуштед, аммо рамаро намечаронидед.

4 Камқувватонро қувват надодед, ва касалеро табобат накардед, ва шикастапойро тахтабанд накардед, ва рондашударо барнагардонидед, ва гумшударо наҷустед, ва онҳоро бо зӯроварӣ ва сангдилӣ идора намудед.

5 Ва онҳо бе чӯпон монда, пароканда шуданд, ва тӯъмае барои ҳар ҳайвони саҳро гардиданд, ва пароканда шуданд.

6 Гӯсфандони Ман бар ҳамаи кӯҳҳо ва бар ҳар теппа овора шуда гаштаанд; ва бар тамоми рӯи замин гӯсфандони Ман пароканда шудаанд, ва касе аҳволи онҳоро намепурсад ва онҳоро ҷустуҷӯ намекунад.

7 Бинобар ин, эй чӯпонон, каломи Худовандро бишнавед.

8 Ба ҳаёти Худам қасам ки, мегӯяд Худованд Худо, азбаски гӯсфандони Ман ба тороҷ дода шудаанд, ва гӯсфандони Ман бе чӯпон монда, тӯъмае барои ҳар ҳайвони саҳро гардидаанд, ва чӯпонони Ман аҳволи рамаи Маро напурсидаанд, ва чӯпонони Ман худашонро чаронидаанд, валекин рамаи Маро начаронидаанд,

9 Бинобар ин, эй чӯпонон, каломи Худовандро бишнавед.

10 Худованд Худо чунин мегӯяд: инак Ман ба чӯпонон зид ҳастам, ва рамаи Худро аз дасти онҳо хоҳам талабид, ва онҳоро аз чаронидани рама дур хоҳам кард, ва он чӯпонон худашонро дигар нахоҳанд чаронид; ва рамаи Худро аз даҳони онҳо раҳо хоҳам намуд, ва тӯъмае барои онҳо нахоҳанд буд.

Салтанати Исроил ва тахти Довуд аз нав бароқарор хоҳад шуд.

11 Зеро ки Худованд Худо чунин мегӯяд: инак Ман Худам гӯсфандони Худро хоҳам талабид ва аз аҳволашон хабар хоҳам гирифт;

12 Чунон ки чӯпон аз аҳволи рамаи худ хабар мегирад, дар он рӯзе ки дар миёни гӯсфандони парокандаи худ мебошад, ончунон Ман аз аҳволи гӯсфандони Худ хабар хоҳам гирифт, ва онҳоро аз ҳар ҷое ки дар рӯзи абру меғ пароканда шуда буданд, раҳо хоҳам кард.

13 Ва онҳоро аз миёни қавмҳо берун хоҳам овард, ва аз кишварҳо ҷамъ хоҳам кард, ва ба замини худашон хохам овард, ва бар кӯҳҳои Исроил, дар рӯдхонаҳо ва дар ҳамаи ободониҳои ин замин хоҳам чаронид.

14 Дар чарогоҳи хуб онҳоро хоҳам чаронид, ва қӯраи онҳо бар кӯҳҳои баланди Исроил хоҳад буд; он ҷо онҳо дар қӯраи хубе хоҳанд хобид, ва дар чарогоҳи сералаф бар кӯҳҳои Исроил хоҳанд чарид.

15 Ман гӯсфандони Худро хоҳам чаронил ва Ман онҳоро хоҳам хобонид, мегӯяд Худованд Худо.

16 Гумшударо хоҳам ҷуст, ва рондашударо хоҳам баргардонид, ва шикастапойро тахтабанд хоҳам кард, ва касалро қувват хоҳам дод, ва фарбеҳу зӯроварро нест хоҳам кард; аз рӯи инсоф хоҳам чаронид.

17 Ва ба шумо, эй гӯсфандони Ман, Худованд Худо чунин мегӯяд: инак Ман дар миёни гӯсфанд ва гӯсфанд, бар қӯчқорон ва бар нарбузон доварӣ хоҳам намуд.

18 Оё барои шумо кам аст, ки бар чарогоҳи хуб чарида, бақияи чарогоҳи худро бо пойҳои худ поймол мекунед? Ва оби таҳнишиншударо нӯшида, бақияи онро бо пойҳои худ лой мекунед,

19 Ба тавре ки гӯсфандони Ман бар он чи зери пойҳои шумо поймол шудааст, мечаранд, ва он чиро, ки аз пойҳои шумо лой шудааст, менӯшанд?

20 Бинобар ин Худованд Худо ба онҳо чунин мегӯяд: инак Ман Худам дар миёни гӯсфанди фарбеҳ ва гӯсфанди лоғар доварӣ хоҳам намуд.

21 Азбаски шумо бо паҳлу ва китфи худ тела медиҳед, ва бо шохҳотон ҳамаи камқувватонро мезанед, то даме ки онҳоро берун бароред,

22 Пас Ман гӯсфандони Худро наҷот хоҳам дод, ва онҳо дигар ба тороҷ дода нахоҳанд шуд; ва дар миёни гӯсфанд ва гӯсфанд доварӣ хоҳам намуд.

23 Ва як чӯпонро бар онҳо хоҳам гузошт, ва ӯ онҳоро хоҳад чаронид, яъне бандаи Худ Довудро; ӯ онҳоро хоҳад чаронид, ва ӯ чӯпони онҳо хоҳад шуд.

24 Ва Ман, ки Худованд ҳастам, Худои онҳо хоҳам буд, ва бандаи Ман Довуд андаруни онҳо раис хоҳад буд; Ман, ки Худованд ҳастам, гуфтам.

25 Ва барои онҳо аҳди сулҳу осоиштагӣ хоҳам баст, ва ҳайвоноти даррандаро аз ин замин нест хоҳам кард, ва онҳо дар биёбон дар амният сокин хоҳанд шуд, ва дар ҷангалҳо хоҳанд хобид.

26 Ва ба онҳо ва ба атрофи теппаи Худ баракат хоҳам бахшид, ва боронро дар мавсимаш хоҳам боронид: боронҳои баракат хоҳад буд.

27 Ва дарахти саҳро бори худро хоҳад овард, ва замин ҳосили худро хоҳад дод, ва онҳо бар замини худ дар амният хоҳанд буд, ва хоҳанд донист, ки Ман Худованд ҳастам, вақте ки чӯбҳои юғи онҳоро дарҳам шиканам, ва онҳоро аз дасти ғуломкунандагонашон бираҳонам.

28 Ва онҳо дигар ба тороҷи халқҳо дода нахоҳанд шуд, ва ҳайвоноти замин онҳоро нахоҳанд хӯрд, ва дар амният сокин хоҳанд шуд, ва касе онҳоро ба ҳарос нахоҳад андохт.

29 Ва барои онҳо боғистони номие барпо хоҳам кард, ва дигар дар ин замин аз қаҳтӣ нобуд нахоҳанд шуд, ва дигар бори нанги халқҳоро нахоҳанд бардошт.

30 Ва хоҳанд донист, ки Ман — Худованд Худои онҳо — бо онҳо ҳастам, ва онҳо, хонадони Исроил, қавми Ман мебошанд, мегӯяд Худованд Худо.

31 Ва шумо рамаи Ман, гӯсфандони чарогоҳи Ман ҳастед, шумо одамизод ҳастед; Ман Худои шумо мебошам, мегӯяд Худованд Худо“».

35

БОБИ СИЮ ПАНҶУМ

Нубувват дар бораи кӯҳи Сеир.

1 Ва каломи Худованд бар ман нозил шуда, гуфт:

2 «Эй писари одам! Рӯи худро ба самти кӯҳи Сеир бигардон ва дар ҳаққи он нубувват намо,

3 Ва ба он бигӯй: „Худованд Худо чунин мегӯяд:

инак Ман ба ту, эй кӯҳи Сеир, зид ҳастам,

ва дасти Худро бар ту дароз карда,

туро вайронаю валангор хоҳам сохт.

4 Шаҳрҳоятро ба харобазор табдил хоҳам дод,

ва ту валангор хоҳӣ шуд,

ва хоҳӣ донист, ки Ман Худованд ҳастам.

5 Азбаски ту адовати доимӣ доштӣ, ва банӣ‐Исроилро дар вақти мусибаташон, дар ниҳояти гуноҳашон ба дами шамшер несту нобуд кардӣ,

6 Бинобар ин ба ҳаёти Худам қасам ки, мегӯяд Худованд Худо, туро ғарқи хун хоҳам кард, ва хун туро таъқиб хоҳад намуд; модоме ки адовати ту ташнаи хун буд, аз ин рӯ хун туро таъқиб хоҳад намуд.

7 Ва кӯҳи Сеирро вайронаю валангор хоҳам сохт, ва равандаю ояндаро аз он нест хоҳам кард.

8 Ва кӯҳҳои онро аз мақтулони он пур хоҳам кард; дар теппаҳо ва дараҳо ва ҳамаи рӯдхонаҳои ту мақтулони шамшер хоҳанд афтод.

9 Туро ба харобазори абадӣ табдил хоҳам дод, ва шаҳрҳои ту маскун нахоҳад шуд; ва хоҳед донист, ки Ман Худованд ҳастам.

10 Азбаски ту гуфтӣ: «Ин ду халқ ва ин ду кишвар аз они ман хоҳад шуд, ва онро тасарруф хоҳем кард», ва ҳол он ки Худованд он ҷо буд,

11 Бинобар ин ба ҳаёти Худам қасам ки, мегӯяд Худованд Худо, ба андозаи хашм ва ҳасаде ки ту дар адовати худ нисбат ба онҳо нишон додаӣ, бо ту амал хоҳам кард, ва Худро ба онҳо зоҳир хоҳам сохт, вақте ки бар ту доварӣ намоям,

12 Ва хоҳӣ донист, ки Ман, ки Худованд ҳастам, ҳамаи дашномҳои туро, ки дар ҳаққи кӯҳҳои Исроил ба забон рондӣ, шунидаам, яъне гуфтӣ: «Валангор шудааст! Барои хӯрдани мо дода шудааст!»

13 Ва шумо бо даҳони худ бар Ман такаббур намудед ва суханони худро бар зидди Ман мағрурона афзун кардед, ва Ман шунидаам.

14 Худованд Худо чунин мегӯяд: дар сурате ки тамоми дуньё шодӣ мекунад, Ман туро валангор хоҳам сохт.

15 Чунон ки ту бар мероси хонадони Исроил, вақте ки он валангор шуд, шодӣ кардӣ, ончунон Ман бо ту амал хоҳам намуд; кӯҳи Сеир ва тамоми Адӯм саросар валангор хоҳад шуд, ва хоҳанд донист, ки Ман Худованд ҳастам“».

36

БОБИ СИЮ ШАШУМ

Муроҷиат ба кӯҳҳои Исроил; онҳо аз нав маскун хоҳанд шуд.

1 «Ва ту, эй писари одам, дар бораи кӯҳҳои Исроил нубуваат намо ва бигӯй: эй кӯҳҳои Исроил! Каломи Худовандро бишнавед.

2 Худованд Худо чунин мегӯяд: азбаски душман дар ҳаққи шумо мегӯяд: „Ҳай‐ҳай! Баландиҳои қадимӣ ҳам мероси мо шудааст“,

3 Бинобар ин нубувват намо ва бигӯй: Худованд Худо чунин мегӯяд: азбаски шуморо валангор кардаанд ва аз ҳар ҷониб мехоҳанд фурӯ баранд, то ки мероси бақияи халқҳо шуда, вирди забон ва мавриди бӯҳтони мардум гардед,

4 Бинобар ин, эй кӯҳҳои Исроил, каломи Худованд Худоро бишнавед: Худованд Худо ба кӯҳҳо ва теппаҳо, ба рӯдхонаҳо ва дараҳо, ба вайронаҳои хало ва шаҳрҳои матрук, ки гирифтори тороҷ ва мавриди тамасхури бақияи халқҳои гирду атроф гардидаанд, чунин мегӯяд, —

5 Бинобар ин Худованд Худо чунин мегӯяд: Ман бо оташи рашки Худ дар ҳаққи бақияи халқҳо ва дар ҳаққи тамоми Адӯм сухан рондаам, ки онҳо замини Маро бо шодии ҳар дил ва бо нафрати амиқ мероси худ гардонидаанд, то ки чарогоҳҳои онро ба тороҷ диҳанд.

6 Бинобар ин дар бораи замини Исроил нубувват намо, ва ба кӯҳҳо ва теппаҳо, ба рӯдхонаҳо ва дараҳо бигӯй: Худованд Худо чунин мегӯяд: инак Ман дар рашк ва хашми Худ сухан рондаам, чунки шумо бори нанги халқҳоро бардоштаед.

7 Бинобар ин Худованд Худо чунин мегӯяд: Ман дасти Худро бардоштаам, ки халқҳое ки дар гирду атрофи шумо ҳастанд, худашон бори нанги худро хоҳанд бардошт.

8 Ва шумо, эй кӯҳҳои Исроил, шохаҳои худро хоҳед рӯёнид ва меваҳои худро барои қавми Ман — Исроил — хоҳед овард, зеро ки онҳо ба қарибӣ хоҳанд омад.

9 Зеро инак Ман сӯи шумо назар дӯхтаам, ва ба шумо рӯ меоварам, ва шумо шудгор ва кишт карда хоҳед шуд.

10 Ва Ман бар шумо мардуми бисьёрро, — тамоми хонадони Исроилро саросар, — сокин хоҳам кард, ва шаҳрҳо маскун, ва харобаҳо обод хоҳад шуд.

11 Ва бар шумо одамон ва ҳайвонотро афзун хоҳам намуд, ва онҳо афзун ва боровар хоҳанд шуд; ва шуморо мисли айёми пештараатон маскун хоҳам кард, ва бар шумо бештар аз замони аввалаи шумо таваҷҷӯҳ хоҳам намуд, ва хоҳед донист, ки Ман Худованд ҳастам.

12 Ва одамонро, яъне қавми Худ — Исроилро, сӯи шумо равона хоҳам кард, ва онҳо туро тасарруф хоҳанд намуд, ва ту мероси онҳо хоҳӣ шуд, ва дигар ин фарзандони худро талаф нахоҳӣ кард.

13 Худованд Худо чунин мегӯяд: азбаски ба шумо мегӯянд: „Ту мардумхӯр ҳастӣ ва халқҳои худро талаф мекардӣ“,

14 Бинобар ин минбаъд мардумхӯр нахоҳӣ буд, ва халқҳоятро дигар талаф нахоҳӣ кард, мегӯяд Худованд Худо.

15 Ва Ман дигар таҳқири халқҳоро ба ту нахоҳам шунавонид, ва бори нанги халқҳоро ту дигар нахоҳӣ бардошт, ва халқҳоятро дигар талаф нахоҳӣ кард, мегӯяд Худованд Худо».

Дар бораи гуноҳҳои пештараи Исроил ва дар оянда аз нав баркарор шудани вай.

16 Ва каломи Худованд бар ман нозил шуда, гуфт:

17 «Эй писари одам! Ҳангоме ки хонадони Исроил бар замини худ сокин буданд, онро бо рафтор ва кирдори худ палид сохтанд; рафтори онҳо дар назари Ман мисли палидии ҳайз буд.

18 Ва Ман аз боиси хуне ки онҳо бар замин рехтанд, ва онро бо бутҳои худ палид сохтанд, хашми Худро бар онҳо фурӯ рехтам.

19 Ва онҳоро дар миёни халқҳо пароканда кардам, ва онҳо дар кишварҳо парешон шуданд; бар тибқи рафтор ва кирдорашон Ман бар онҳо доварӣ намудам.

20 Ва ҳангоме ки онҳо назди халқҳое расиданд, ки ба он ҷо рафта буданд, исми муқаддаси Маро беҳурмат карданд, чунки дар ҳаққи онҳо мегуфтанд: „Инҳо қавми Худованд ҳастанд ва аз замини Ӯ берун омадаанд“.

21 Ва Ман ба исми муқаддаси Худ афсӯс хӯрдам, ки онро хонадони Исроил дар миёни халқҳое ки наздашон омада буданд, беҳурмат карданд.

22 Бинобар ин ба хонадони Исроил бигӯй: „Худованд Худо чунин мегӯяд: на ба хотири шумо, эй хонадони Исроил, инро ба амал меоварам, балки ба хотири исми муқаддаси Худ, ки онро дар миёни халқҳое ки наздашон омада будед, беҳурмат кардед.

23 Ва Ман исми бузурги дар миёни халқҳо беҳурматшудаи Худро, ки шумо онро андаруни онҳо беҳурмат кардед, тақдис хоҳам намуд, ва ҳангоме ки дар пеши назари халқҳо ба воситаи шумо тақдис ёбам, онҳо хоҳанд донист, ки Ман Худованд ҳастам.

24 Ва шуморо аз миёни халқҳо хоҳам гирифт, ва шуморо аз ҳамаи кишварҳо ҷамъ хоҳам кард, ва шуморо ба замини шумо хоҳам овард.

25 Ва оби пок бар шумо хоҳам пошид, ва шумо пок хоҳед шуд; аз ҳамаи палидиҳотон ва аз ҳамаи бутҳотон шуморо пок хоҳам кард.

26 Ва дили тоза ба шумо хоҳам дод, ва рӯҳи тоза андаруни шумо хоҳам ниҳод; ва дили сангинро аз ҷисми шумо дур хоҳам кард, ва дили гӯштин ба шумо хоҳам бахшид.

27 Ва рӯҳи Худро андаруни шумо хоҳам ниход, ва шуморо водор хоҳам намуд, ки бар тибқи фароизи Ман рафтор кунед, ва дастурҳои Маро риоя намоед ва ба ҷо оваред.

28 Ва дар замине ки ба падарони шумо додаам, сукунат хоҳед дошт, ва қавми Ман хоҳед буд, ва Ман Худои шумо хоҳам буд.

29 Ва шуморо аз ҳамаи палидиҳои шумо наҷот хоҳам дод; ва ғалладонаро хонда, онро фаровон хоҳам гардонид, ва шуморо ба қаҳтӣ гирифтор нахоҳам кард.

30 Ва меваи дарахтон ва ҳосили саҳроро афзун хоҳам кард, то ки дигар дар миёни халқҳо бори нанги қаҳтиро набардоред.

31 Ва ҳангоме ки рафтори бади худ ва кирдори зишти худро ба ёд оваред, барои гуноҳҳо ва каҷкориҳои худ аз худатон нафрат пайдо хоҳед кард.

32 Бидонед, ки Ман инро на ба хотири шумо ба амал меоварам, мегӯяд Худованд Худо; аз рафтори худ шарм кунед ва хиҷил шавед, эй хонадони Исроил!

33 Худованд Худо чунин мегӯяд: дар рӯзе ки шуморо аз ҳамаи гуноҳҳотон пок намоям, Ман шаҳрҳоро маскун хоҳам гардонид, ва харобаҳо обод хоҳад шуд;

34 Ва замини харобае ки дар назари ҳар раҳгузар вайронаю валангор буд, кор карда хоҳад шуд;

35 Ва хоҳанд гуфт: «Ин замине ки хароба буд, мисли боғи Адан шудааст, ва ин шаҳрҳое ки хароба ва вайронаю валангор буд, ҳисордор ва маскун гардидааст».

36 Ва халқҳое ки дар гирду пеши шумо боқӣ мондаанд, хоҳанд донист, ки Ман, ки Худованд ҳастам, вайронаҳоро бино кардаам, ва харобазорро дарахт шинонидаам; Ман, ки Худованд ҳастам, гуфтам ва ба амал овардам.

37 Худованд Худо чунин мегӯяд: боз инро хонадони Исроил аз Ман дархост хоҳанд кард, ки барояшон ба амал оварам: онҳоро мисли рамаи одамон афзун хоҳам кард, —

38 Мисли рамаи қурбонӣ, мисли рамаи Ерусалим дар рӯзҳои иди он; ҳамчунин шаҳрҳои хароба аз рамаи одамон пур хоҳад шуд, ва хоҳанд донист, ки Ман Худованд ҳастам“».

37

БОБИ СИЮ ҲАФТУМ

Рӯъёи даштрӯяе ки аз устухонҳои мурдагон пур буд.

1 Дасти Худованд бар ман ниҳода шуд, ва маро дар рӯҳи Худованд берун овард, ва маро андаруни даштрӯя гузошт, ва он аз устухонҳо пур буд.

2 Ва маро гирдогирди онҳо гардонид; ва инак онҳо бар рӯи даштрӯя бағоят бисьёр буд, ва инак онҳо бағоят хушк буд.

3 Ва ба ман гуфт: «Эй писари одам! Оё ин устухонҳо зинда хоҳад шуд?» Ва ман гуфтам: «Худоё Худовандо! Инро Ту медонӣ»

4 Ва ба ман гуфт: «Дар бораи ин устухонҳо нубувват намо, ва ба онҳо бигӯй: „эй устухонҳои хушк, каломи Худовандро бишнавед!

5 Худованд Худо ба ин устухонҳо чунин мегӯяд: инак Ман рӯҳ дар шумо дохил мекунам, ва шумо зинда хоҳед шуд.

6 Ва пайҳо бар шумо ба вуҷуд меоварам, ва гӯшт бар шумо мерӯёнам, ва пӯст бар шумо мепӯшонам, ва рӯҳ дар шумо дохил мекунам, ва шумо зинда хоҳед шуд, ва хоҳед донист, ки Ман Худованд ҳастам“».

7 Ва ман нубувват намудам, чунон ки ба ман амр фармуда шуд; ва ҳангоме ки нубувват намудам, садое баромад, ва инак ғулғулае ба амал омад, ва устухонҳо ба ҳамдигар, яъне ҳар устухон ба устухони худаш, наздик омад.

8 Ва ман дидам, ва инак пайҳо бар онҳо пайдо шуд, ва гӯшт баромад, ва пӯст онҳоро аз боло пӯшонид, вале рӯҳ дар онҳо набуд.

9 Ва ба ман гуфт: «Ба рӯҳ нубувват намо, эй писари одам, нубувват намо, ва ба рӯҳ бигӯй: „Худованд Худо чунин мегӯяд: аз ҷониби чор бод биё, эй рӯҳ, ва ба ин мақтулон бидам, ва онҳо зинда хоҳанд шуд“».

Эзоҳи ин рӯъё.

10 Ва ман нубувват намудам, чунон ки ба ман амр фармуда шуд; ва рӯҳ дар онҳо дохил шуд, ва онҳо зинда шуданд, ва бар пойхои худ истоданд, ба сони лашкари бағоят, бағоят бузург.

11 Ва ба ман гуфт: «Эй писари одам! Ин устухонҳо тамоми хонадони Исроил мебошанд. Инак, онҳо мегӯянд: „Устухонҳои мо хушк шуд, ва умеди мо барбод рафт; мо маҳв шудаем“.

12 Бинобар ин нубувват намо ва ба онҳо бигӯй: „Худованд Худо чунин мегӯяд: инак Ман қабрҳои шуморо мекушоям, ва шуморо, эй қавми Ман, аз қабрҳотон мебарорам, ва шуморо ба замини Исроил меоварам,

13 Ва хоҳед донист, ки Ман Худованд ҳастам, вақте ки қабрҳои шуморо бикшоям ва шуморо, эй қавми Ман, аз қабрҳотон барорам.

14 Ва рӯҳи Худро дар шумо дохил хоҳам кард, ва шумо зинда хоҳед шуд, ва шуморо дар заминатон ҷой хоҳам дод, ва хоҳед донист, ки Ман, ки Худованд ҳастам, гуфтам ва ба амал овардам, мегӯяд Худованд“».

Рӯъёи ду чӯбдаст.

15 Ва каломи Худованд бар ман нозил шуда, гуфт:

16 «Ва ту, эй писари одам, чӯбдасте барои худ бигир, ва бар он бинавис: „Барои Яҳудо ва барои банӣ‐Исроил, ки ба ӯ ҳамроҳ шудаанд“. Ва чӯбдасти дигаре бигир, ва бар он бинавис: „Барои Юсуф“; ин чӯбдаст аз они Эфроим ва тамоми хонадони Исроил аст, ки ба ӯ ҳамроҳ шудаанд.

17 Ва онҳоро ба якдигар наздик кун, то ки барои ту мисли як чӯбдаст бошанд; ва онҳо дар дасти ту якто хоҳанд буд.

18 Ва ҳангоме ки писарони қавмат ба ту савол дода, гӯянд: „Шояд ба мо бигӯӣ, ки инҳо барои ту чӣ маъно дорад?“ —

19 Ба онҳо бигӯй: „Худованд Худо чунин мегӯяд: инак Ман чӯбдасти Юсуфро, ки дар дасти Эфроим ва сибтҳои Исроили ҳамроҳонаш мебошад, хоҳам гирифт, ва онҳоро бар он, яъне бар чӯбдасти Яҳудо хоҳам пайваст, ва онҳоро як чӯбдаст хоҳам гардонид, ва онҳо дар дасти Ман якто хоҳанд буд“.

20 Ва чӯбдастҳо, ки бар онҳо хоҳӣ навишт, бигзор пеши назари онҳо дар дасти ту бошад.

21 Ва ба онҳо бигӯй: „Худованд Худо чунин мегӯяд: инак Ман банӣ‐Исроилро аз миёни халқҳое ки онҳо наздашон рафтаанд, хоҳам гирифт, ва онҳоро аз ҳар ҷо ҷамъ хоҳам кард, ва онҳоро ба заминашон хоҳам овард.

22 Ва онҳоро дар ин замин, бар кӯҳҳои Исроил, ба як халқ табдил хоҳам дод, ва як подшоҳ барои ҳамаи онҳо подшоҳӣ хоҳад кард; ва онҳо дигар ду халқ нахоҳанд буд, ва дигар ба ду мамлакат тақсим нахоҳанд шуд.

23 Ва худро дигар бо бутҳошон ва бо қабоҳатҳошон ва бо ҳар гуна ҷиноятҳошон палид нахоҳанд сохт, ва Ман онҳоро аз ҳамаи иқоматгоҳҳошон, ки дар он ҷо гуноҳ кардаанд, наҷот хоҳам дод, ва онҳоро пок хоҳам кард, ва онҳо қавми Ман хоҳанд буд, ва Ман Худои онҳо хоҳам буд.

24 Ва бандаи Ман Довуд подшоҳи онҳо хоҳад буд, ва як чӯпон барои ҳамаи онҳо хоҳад буд, ва бар тибқи дастурҳои Ман рафтор хоҳанд кард, ва фароизи Маро риоя хоҳанд намуд ва онҳоро ба ҷо хоҳанд овард.

25 Ва дар замине ки Ман ба бандаи Худ Яъқуб додаам, ва падаронашон дар он сокин буданд, маскан хоҳанд гирифт; ва онҳо ва писаронашон ва писарони писаронашон дар он то абад сукунат хоҳанд дошт, ва бандаи Ман Довуд то абад раиси онҳо хоҳад буд.

26 Ва Ман бо онҳо аҳди сулҳу осоиштагӣ хоҳам баст, ки бо онҳо аҳди ҷовидонӣ хоҳад буд; ва онҳоро баракат дода, афзун хоҳам намуд, ва хонаи муқаддаси Худро андаруни онҳо то абад барқарор хоҳам кард.

27 Ва маскани Ман бар онҳо хоҳад буд, ва Ман Худои онҳо хоҳам буд, ва онҳо қавми Ман хоҳанд буд.

28 Ва халқҳо хоҳанд донист, ки Ман Худованде ҳастам, ки Исроилро тақдис менамоям, вақте ки хонаи муқаддаси Ман андаруни онҳо то абад барқарор гардад“».

38

БОБИ СИЮ ҲАШТУМ

Нубувват дар бораи Ҷуҷ.

1 Ва каломи Худованд бар ман нозил шуда, гуфт:

2 «Эй писари одам! Рӯи худро ба самти Ҷуҷ, ки дар замини Моҷуҷ сарраиси Мошак ва Тубол аст, бигардон, ва дар бораи ӯ нубувват намо.

3 Ва бигӯй: „Худованд Худо чунин мегӯяд: инак Ман ба ту, эй Ҷуҷ, сарраиси Мошак ва Тубол, зид ҳастам.

4 Ва Ман туро густох хоҳам сохт, ва сӯлуқ дар ҷоғҳоят хоҳам андохт; ва туро бо тамоми лашкарат берун хоҳам овард, бо аспон ва савороне ки ҳамаашон либосҳои зебо пӯшида бошанд, бо ҷамоати сершуморе ки ҳамаашон ҷавшан ва сипар дошта, бо шамшерҳо мусаллаҳ бошанд;

5 Форс, Хабаш ва Фут бо онҳо буда, ҳамаашон сипар ва хӯд дошта бошанд;

6 Ҷумар бо ҳамаи фавҷҳояш, хонадони Туҷарма, ақсои шимол бо ҳамаи фавҷҳояш, — қавмҳои бисьёр ҳамроҳи ту бошанд.

7 Омода ва тайёр бош, — ту ва тамоми ҷамоате ки назди ту ҷамъ шудаанд; ва онҳо туро посбонӣ хоҳанд кард.

8 Баъд аз айёми зиёде тафаққуд карда хоҳӣ шуд; дар солҳои охир ту ба замине хоҳӣ омад, ки он аз шамшер фориғ гардида, аз миёни қавмҳои бисьёр бар кӯҳҳои Исроил, ки ҳамеша харобазор буданд, ҷамъ карда шудааст, ва он аз миёни қавмҳо берун оварда шудааст, ва ҳамаашон дар амният сукунат доранд.

9 Ва баромада, мисли тундбоде хоҳӣ омад, мисли абре ин заминро хоҳӣ пӯшонид, — ту ва ҳамаи фавҷҳоят, ва халқҳои бисьёре ҳамроҳи ту.

10 Худованд Худо чунин мегӯяд: дар он рӯз чунин воқеъ хоҳад шуд, ки фикрҳо дар дилат пайдо шуда, ту тадбири баде хоҳӣ андешид,

11 Ва хоҳӣ гуфт: «Ба замини беҳисоре мебароям, бар касони осоиштае ки дар амният сокин буда, ҳамаашон бе ҳисоре зиндагӣ мекунанд ва ғалақаю дарвоза надоранд», —

12 То ки толону тороҷ намоӣ ва ғанимат бигирӣ, ва дасти худро ба харобаҳои аз нав ободшуда ва ба қавми аз миёни халқҳо ҷамъомадае ки соҳиби чорво ва молу мулк гардидаанд ва бар қуллаи замин сукунат доранд, дароз кунӣ.

13 Шабо ва Дадон ва тоҷирони Таршиш ва ҳамаи шерони ҷавони он ба ту хоҳанд гуфт: «Оё ту барои толону тороҷ омадаӣ, ва оё барои гирифтани ғанимат ҷамоати худро ҷамъ кардаӣ, то ки нуқра ва тиллоро бирабоӣ, чорво ва молу мулкро бигирӣ, ва ғанимати бузурге ба даст оварӣ?»“

14 Бинобар ин, эй писари одам, нубувват намо, ва ба Ҷуҷ бигӯй: „Худованд Худо чунин мегӯяд: дар он рӯз, охир, вақте ки қавми Ман — Исроил — дар амният сокин бошанд, ту инро хоҳӣ донист,

15 Ва аз макони худ, аз ақсои шимол хоҳӣ омад, — ту ва қавмҳои бисьёр ҳамроҳи ту, ки ҳамаашон аспсавор, ҷамоати бузург ва лашкари сершумор мебошанд.

16 Ва бар қавми Ман — Исроил — мисли абре ки заминро мепӯшонад, хоҳӣ баромад; ин дар айёми охирин рӯй хоҳад дод, ва Ман туро ба замини Худ хоҳам овард, то ки халқҳо Маро бидонанд, вақте ки ба воситаи ту, эй Ҷуҷ, Худро дар пеши назари онҳо тақдис намоям.

17 Худованд Худо чунин мегӯяд: оё ту он кас нестӣ, ки дар айёми қадим ман ба воситаи бандагони Худ, — анбиёи Исроил, ки дар он айём солҳои бисьёр нубувват мекарданд, — дар хусуси ту гуфта будам, ки туро бар онҳо хоҳам овард?

18 Ва дар он рӯз, яъне дар рӯзе ки Ҷуҷ ба замини Исроил биёяд, чунин воқеъ хоҳад шуд, мегӯяд Худованд Худо, ки ғазаби Ман дар ҳини қаҳри Ман аланга хоҳад гирифт.

19 Ва Ман дар рашки Худ ва дар оташи Худ гуфтаам, ки албатта дар он рӯз зилзилаи бузурге дар замини Исроил рӯй хоҳад дод.

20 Ва моҳиёни дарьё ва мурғони ҳаво ва ҳайвоноти саҳро, ва ҳамаи хазандагоне ки бар замин мехазанд, ва ҳар одаме ки бар рӯи замин аст, ба ҳузури Ман хоҳанд ларзид, ва кӯҳҳо хароб хоҳад шуд, ва сахраҳо фурӯ хоҳад ғалтид, ва ҳар ҳисор бар замин хоҳад афтод.

21 Ва шамшере ба зидди ӯ бар кӯҳҳои Худ хоҳам хонд, мегӯяд Худованд Худо; ва шамшери ҳар кас ба муқобили бародараш хоҳад буд.

22 Ва бо вабо ва хун ӯро сазо хоҳам дод, ва бар ӯ ва фавҷҳояш ва бар қавмҳои бисьёре ки бо ӯ мебошанд, борони сел ва жолаи сангин ва оташ ва кибрит хоҳам боронид.

23 Ва Ман дар пеши назари халқҳои бисьёр бузургӣ ва қудсият ва шӯҳрат пайдо хоҳам кард, ва хоҳанд донист, ки Ман Худованд ҳастам“.

39

БОБИ СИЮ НӮҲУМ

Давоми он.

1 Ва ту, эй писари одам, дар бораи Ҷуҷ нубувват намо ва бигӯй: „Худованд Худо чунин мегӯяд: инак Ман ба ту, эй сарраиси Мошак ва Тубол, зид ҳастам.

2 Ва Ман туро густох хоҳам сохт, ва туро ба ҷунбиш хоҳам овард, ва туро аз ақсои шимол бароварда, бар кӯҳҳои Исроил хоҳам овард.

3 Ва камони туро аз дасти чапат зада бароварда, тири туро аз дасти ростат хоҳам афтонид.

4 Бар кӯҳҳои Исроил фурӯ хоҳӣ ғалтид, — ту, ва ҳамаи фавҷҳоят, ва қавмҳое ки бо ту мебошанд; туро ба ҳар навъ мурғони соҳибчангол ва ҳайвоноти саҳро барои хӯрок хоҳам дод.

5 Бар рӯи саҳро фурӯ хоҳӣ ғалтид, зеро ки Ман гуфтам, мегӯяд Худованд Худо.

6 Ва бар Моҷуҷ ва бар онҳое ки дар ҷазираҳо дар амният сукунат доранд, оташе хоҳам фиристод, ва хоҳанд донист, ки Ман Худованд ҳастам.

7 Ва исми муқаддаси Худро андаруни қавми Худ — Исроил — зоҳир хоҳам сохт, ва дигар нахоҳам гузошт, ки исми муқаддаси Маро беҳурмат кунанд; ва халқҳо хоҳанд донист, ки Ман Худованди Қуддуси Исроил ҳастам.

8 Инак, ин фаро мерасад ва ба амал меояд, мегӯяд Худованд Худо, ин ҳамон рӯз аст, ки дар бораи он Ман сухан рондаам.

9 Ва сокинони шаҳрҳои Исроил берун хоҳанд омад, ва оташ даргиронида, яроқро: сипарҳо, ҷавшанҳо, камонҳо, тирҳо, калтакҳо ва найзаҳоро хоҳанд сӯзонид, ва ҳафт сол оташро бо онҳо давом хоҳанд дод.

10 Ва аз саҳро ҳезум нахоҳанд овард, ва аз ҷангалҳо нахоҳанд бурид, зеро ки бо яроқ оташро хоҳанд даргиронид; ва ғораткунандагони худро ғорат хоҳанд кард, ва тороҷкунандагони худро тороҷ хоҳанд кард, мегӯяд Худованд Худо.

11 Ва дар он рӯз чунин воқеъ хоҳад шуд: мавзее дар он ҷо барои қабр дар Исроил, яъне дараи Аборимро ба тарафи шарқии баҳр ба Ҷуҷ хоҳам дод, ва он барои раҳгузарон садди роҳ хоҳад шуд, ва дар он ҷо Ҷуҷ ва тамоми анбӯҳи ӯро дафн хоҳанд намуд, ва онро «Дараи анбӯҳи Ҷуҷ» хоҳанд номид.

12 Ва хонадони Исроил онҳоро дар давоми ҳафт моҳ дафн хоҳанд намуд, то ки заминро тоза кунанд.

13 Ва тамоми қавми замин онҳоро дафн хоҳанд намуд, ва он рӯзе ки Ман ҷалол ёбам, барояшон рӯзи тазаккур хоҳад буд.

14 Ва шахсони доимие таъин хоҳанд намуд, ки дар замин гардиш кунанд ва бо мадади раҳгузарон онҳоеро, ки бар рӯи замин боқӣ мондаанд, дафн намоянд, то ки онро тоза кунанд; баъд аз гузаштани ҳафт моҳ онҳо ба ҷустуҷӯ шурӯъ хоҳанд намуд.

15 Ва чун касе аз онҳое ки дар замин гардиш мекунанд, устухони одамро бинад, нишоне назди он хоҳад гузошт, то ки дафнкунандагон онро дар дараи анбӯҳи Ҷуҷ дафн намоянд.

16 Ва номи шаҳр низ Ҳамуна+ 39:16 Ҳамуна — анбӯҳ. хоҳад буд; пас заминро тоза хоҳанд кард.“

17 Ва ту, эй писари одам, — Худованд Худо чунин мегӯяд: — ба ҳар навъ мурғон ва ба тамоми ҳайвоноти саҳро бигӯй: „Ҷамъ шуда биёед, аз ҳар тараф назди қурбонии Ман, ки онро ҳамчун қурбонии бузурге барои шумо бар кӯҳҳои Исроил забҳ менамоям, ғун шавед, то ки гӯшт бихӯред ва хун бинӯшед.

18 Гӯшти зӯроваронро хоҳед хӯрд ва хуни раисони заминро хоҳед нӯшид: қӯчқорон, баррагон, нарбузон ва говон, ки ҳамаашон парвориёни Бошон мебошанд.

19 Ва аз қурбонии Ман, ки барои шумо забҳ менамоям, то серӣ равғани дунба хоҳед хӯрд ва то мастӣ хун хоҳед нӯшид.

20 Ва дар сари суфраи Ман аз аспон ва саворон, аз зӯроварон ва ҳар навъ мардони ҷангӣ сер хоҳед шуд“, мегӯяд Худованд Худо.

21 Ва Ман ҷалоли Худро дар миёни халқҳо зоҳир хоҳам сохт, ва ҳамаи халқҳо доварии Маро, ки ба амал овардаам, ва дасти Маро, ки бар онҳо ниҳодаам, хоҳанд дид,

22 Ва хонадони Исроил аз ҳамон рӯз ва минбаъд хоҳанд донист, ки Ман Худованди онҳо ҳастам.

23 Ва халқҳо хоҳанд донист, ки хонадони Исроил аз боиси гуноҳи худашон ҷалои ватан шуданд, аз боиси он ки дар ҳаққи Ман хиёнат карданд, ва Ман рӯи Худро аз онҳо пинҳон доштам, ва онҳоро ба дасти душманонашон супурдам, ва ҳамаашон аз шамшер афтоданд.

24 Мувофиқи нопокии онҳо ва мувофиқи ҷиноятҳошон Ман ба онҳо амал намудам, ва рӯи Худро аз онҳо пинҳон доштам.

25 Бинобар ин Худованд Худо чунин мегӯяд: акнун асирони Яъқубро хоҳам баргардонид, ва бар тамоми хонадони Исроил раҳм хоҳам кард, ва барои исми муқаддаси Худ рашк хоҳам намуд.

26 Ва онҳо нанги худро, ва тамоми хиёнати худро, ки дар ҳаққи Ман кардаанд, фаромӯш хоҳанд намуд, вақте ки дар замини худ дар амният сокин шаванд, ва касе набошад, ки онҳоро ба ҳарос андозад,

27 Вақте ки Ман онҳоро аз миёни қавмҳо баргардонам, ва онҳоро аз кишварҳои душманонашон ҷамъ оварам, ва Худро ба воситаи онҳо дар пеши назари халқҳои бисьёр тақдис намоям,

28 Ва хоҳанд донист, ки Ман Худованд Худои онҳо ҳастам, ки онҳоро дар миёни халқҳо ҷалои ватан кардам, ва онҳоро ба замини худашон ҷамъ овардам, ва касеро аз онҳо дигар дар он ҷо боқӣ нахоҳам гузошт,

29 Ва рӯи Худро дигар аз онҳо пинҳон нахоҳам дошт, зеро ки рӯҳи Худро бар хонадони Исроил фурӯ рехтаам, мегӯяд Худованд Худо».

40

БОБИ ЧИЛУМ

Рӯъёи марде бо нае барои андоза.

1 Дар соли бисту панҷуми ҷалои ватан шудани мо, дар ибтидои сол, дар рӯзи даҳуми моҳ, дар соли чордаҳум баъд аз хароб шудани шаҳр, дар худи ҳамон рӯз дасти Худованд бар ман ниҳода шуд, ва Ӯ маро ба он ҷо бурд.

2 Дар рӯъёҳои Худо маро ба замини Исроил овард, ва маро бар кӯҳи бағоят баланде гузошт, ки бар он аз ҷануб мисли биноҳои шаҳр намоён буд.

3 Ва маро ба он ҷо овард, ва инак марде намоён шуд, ки намудаш мисли намуди мис буд, ва дар дасташ ресмоне аз катон, ва нае барои андоза кардан буд, ва ӯ назди дарвоза меистод.

4 Ва он мард ба ман гуфт: «Эй писари одам! Бо чашмони худ бубин ва бо гӯшҳои худ бишнав, ва дили худро ба ҳар чизе ки ба ту нишон диҳам, равона намо, зеро ту ба ин ҷо барои он оварда шудаӣ, ки ба ту нишон диҳам; ҳар он чи ту мебинӣ, ба хонадони Исроил маълум намо».

Рӯъёи маъбади оянда.

5 Ва инак, берун аз маъбад ҳисоре гирдогирд буд; ва дар дасти он мард наи андозаи шашзироӣ буд, ки ҳар зироаш аз як зироъ+ 40:5 Зироъ — андозаи дарозии қадимӣ, ки аз б қабза (ҳар қабза — тақрибан 10 сантиметр) иборат буд. Ин — зирои хурд буд. Ғайр аз ин, зирои калон буд, ки аз 7 қабза иборат буд. ва як қабза иборат буд; ва ӯ фарохии биноро як най+ 40:5 Най — андозаи дарозии қадимӣ, ки аз б зирои калон (ё тақрибан 4 метр) иборат буд. ва қадашро як най андоза кард.

6 Ва назди дарвозае ки рӯ ба ҷониби шарқ буд, омада, ба зинаҳояш баромад, ва остонаи дарвозаро андоза кард, ки фарохияш як най буд, ва остонаи дигарро, ки фарохияш як най буд.

7 Ва ҳар ҳуҷра як най дарозӣ ва як най фарохӣ дошт, ва масофаи байни хуҷраҳо панҷ зироъ буд; ва остонаи дарвоза назди равоқи дарвоза аз дарун як най буд.

8 Ва равоқи дарвозаро аз дарун як най андоза кард.

9 Ва равоқи дарвозаро ҳашт зироъ, ва арконашро ду зироъ андоза кард, ва равоқи дарвоза аз дарун буд.

10 Ва ҳуҷраҳои ин дарвозаи шарқӣ сето аз ин тараф ва сето аз он тараф буд, ва ҳар се як хел андоза доштанд; ва аркони ҳар ду тараф як хел андоза доштанд.

11 Ва фарохии даҳани дарвозаро даҳ зироъ, ва дарозии дарвозаро сездаҳ зироъ андоза кард.

12 Ва девораи пеши ҳуҷраҳо як зироъ буд, ва як зироъ девора аз он тараф буд; ва ҳуҷра шаш зироъ аз ин тараф ва шаш зироъ аз он тараф андоза дошт.

13 Ва дарвозаро аз боми як ҳуҷра то боми дигараш андоза кард: фарохии он бисту панҷ зироъ шуд; ҳар дари даромад рӯ ба рӯи дари дигар буд.

14 Ва арконро шаст зироъ сохт, ва ҳамчунин арконеро, ки дар саҳн ва назди дарвозаҳо гирдогирд мавҷуд буд.

15 Ва аз болои дарвозаи даромадгоҳ то пеши равоқи дарвозаи дохилӣ панҷоҳ зироъ буд.

16 Ва дар ҳуҷраҳо ва аркони даруни дарвозахона гирдогирд тирезаҳои шабакадор буд, ва ҳамчунин дар равоқҳо гирдогирд рӯ ба дарун тирезаҳо буд, ва бар аркон — нақши нахлҳо.

17 Ва ӯ маро ба саҳни берунӣ овард, ва инак — утоқҳо ва сангфарше гирдогирди саҳн сохта шудааст; сӣ утоқ бар он сангфарш буд.

18 Ва сангфарше дар паҳлуи дарвозаҳо мувофиқи дарозии дарвозаҳо буд; ин сангфарши поёнӣ буд.

19 Ва фарохии саҳнро аз пеши дарвозаи поёнӣ то канори берунии саҳни дохилӣ сад зироъ андоза кард, — ҳам ба самти шарқӣ ва ҳам ба самти шимолӣ.

20 Ва дарозӣ ва фарохии дарвозаи саҳни беруниро, ки рӯ ба ҷониби шимол буд, андоза кард.

21 Ва ҳуҷраҳояш сето аз ин тараф ва сето аз он тараф буд; ва арконаш ва равоқҳояш мисли андозаи дарвозаи якум буд: дарозияш панҷоҳ зироъ, ва фарохияш бисту панҷ зироъ.

22 Ва тирезаҳояш ва равоқҳояш ва нақши нахлҳояш мисли андозаи дарвозае буд, ки рӯ ба ҷониби шарқ буд; ва бо ҳафт зина ба он мебаромаданд, ва равоқҳояш пеши онҳо буд.

23 Ва саҳни дохилӣ дарвозаҳое дошт, ки рӯ ба рӯи дарвозаҳои шимолӣ ва шарқӣ буд; ва аз дарвоза то дарвоза сад зироъ андоза кард.

24 Ва маро ба тарафи ҷануб бурд, ва инак дарвозаи ҷанубӣ; ва арконаш ва равоқҳояшро андоза кард, ки мисли он андозаҳо буд.

25 Ва тирезаҳо дар он ва дар равоқҳояш гирдогирд мисли он тирезаҳо буд; дарозияш панҷоҳ зироъ ва фарохияш бисту панҷ зироъ буд.

26 Ва зинапояи он ҳафт зина дошт, ва равоқҳояш пеши онҳо буд; ва нақши нахлҳо бар арконаш яке аз ин тараф ва дигаре аз он тараф буд.

27 Ва саҳни дохилӣ дарвозаи ҷанубӣ дошт; ва аз он дарвоза то ин дарвозаи ҷанубӣ сад зироъ андоза кард.

28 Ва маро аз дарвозаи ҷанубӣ ба саҳни дохилӣ овард, ва дарвозаи ҷанубиро андоза кард, ки мисли он андозаҳо буд.

29 Ва ҳуҷраҳояш ва арконаш ва равоқҳояш мисли он андозаҳо буд, ва дар он ва дар равоқҳояш гирдогирд тирезаҳо буд; дарозияш панҷоҳ зироъ, ва фарохияш бисту панҷ зироъ буд.

30 Ва равоқҳо гирдогирд буд; дарозияш бисту панҷ зироъ, ва фарохияш панҷ зироъ буд.

31 Ва равоқҳояш рӯ ба ҷониби саҳни берунӣ буд, ва нақши нахлҳо бар арконаш буд; ва зинапояи он ҳашт зина дошт.

32 Ва маро ба саҳни дохилӣ овард, ки ба самти шарқ буд; ва дарвозаро андоза кард, ки мисли он андозаҳо буд.

33 Ва ҳуҷраҳояш ва арконаш ва равоқҳояш мисли он андозаҳо буд, ва дар он ва дар равоқҳояш гирдогирд тирезаҳо буд; дарозияш панҷоҳ зироъ ва фарохияш бисту панҷ зироъ буд.

34 Ва равоқҳояш рӯ ба ҷониби саҳни берунӣ буд, ва нақши нахлҳо бар арконаш аз ин тараф ва аз он тараф буд; ва зинапояи он ҳашт зина дошт.

35 Ва маро ба дарвозаи шимолӣ овард; ва мисли он андозаҳо андоза кард.

36 Ҳуҷраҳояш, арконаш ва равоқҳояш буд, ва дар он гирдогирд тирезаҳо буд; дарозияш панҷоҳ зироъ, ва фарохияш бисту панҷ зироъ буд.

37 Ва арконаш рӯ ба ҷониби саҳни берунӣ буд, ва нақши нахлҳо бар арконаш аз ин тараф ва аз он тараф буд; ва зинапояи он ҳашт зина дошт.

38 Ва назди аркони дарвозаҳо утоқе буд, ки дари даромад дошт; дар он ҷо қурбониҳои сӯхтаниро мешустанд.

39 Ва дар равоқи дарвоза ду миз аз ин тараф ва ду миз аз он тараф буд, то ки бар онҳо қурбониҳои сӯхтанӣ ва қурбониҳои гуноҳ ва қурбониҳои ҷурмро забҳ кунанд.

40 Ва дар пахлуи зинаи назди даҳани дарвозаи шимолӣ аз тарафи берун ду миз буд; ва дар паҳлуи дигар, ки назди равоқи дарвоза буд, ду миз меистод.

41 Чор миз аз ин тараф ва чор миз аз он тараф, дар паҳлуи дарвоза буд, ҷамъ ҳашт миз, ки бар онҳо забҳ мекарданд.

42 Ва чор миз аз сангҳои тарошида барои қурбониҳои сӯхтанӣ буд, ки якуним зироъ дарозӣ ва якуним зироъ фароҳӣ ва як зироъ баландӣ дошт, ва бар онҳо олатҳоеро мегузоштанд, ки қурбониҳои сӯхтанӣ ва қурбониҳои дигарро ба воситаи онҳо забҳ мекарданд.

43 Ва чангақҳо ба дарозии як қабза дар гирдогирди хона овезон буд, ва гӯшти қурбониҳо бар мизҳо буд.

Утоқҳо барои муғанниён ва коҳинон.

44 Ва аз беруни дарвозаи дохилӣ, дар саҳни дохилие ки дар паҳлуи дарвозаи шимолӣ буд, утоқҳои муғанниён воқеъ буд, ва онҳо рӯ ба ҷониби ҷануб буд; яке аз онҳо дар паҳлуи дарвозаи шарқӣ рӯ ба ҷониби шимол буд.

45 Ва ӯ ба ман гуфт: ин утоқе ки рӯ ба ҷониби ҷануб аст, барои коҳинонест, ки ба тартиботи маъбад нигаҳбонӣ мекунанд.

46 Ва утоқе ки рӯ ба ҷониби шимол аст, барои коҳинонест, ки ба тартиботи қурбонгоҳ нигаҳбонӣ мекунанд; инҳо писарони Содӯқ, аз банӣ‐Левӣ мебошанд, ки ба Худованд наздик меоянд, то ба Ӯ хизмат кунанд.

47 Ва ӯ саҳнро андоза кард, ки дарозияш сад зироъ ва фарохияш сад зироъ, яъне мураббаъ буд; ва қурбонгоҳ пеши маъбад буд.

Дар бораи равоқи маъбад.

48 Ва маро ба равоқи маъбад овард, ва аркони равоқро панҷ зироъ аз ин тараф ва панҷ зироъ аз он тараф андоза кард; ва фарохии дарвоза се зироъ аз ин тараф ва се зироъ аз он тараф буд.

49 Дарозии равоқ бист зироъ, ва фарохияш ёздаҳ зироъ буд, ва бо зинаҳо назди он мебаромаданд; ва танбаҳо назди аркон, якто аз ин тараф ва якто аз он тараф буд.

41

БОБИ ЧИЛУ ЯКУМ

Тасвири маъбад.

1 Ва маро ба толори маъбад овард; ва арконро андоза кард, ки шаш зироъ фарохӣ аз ин тараф ва шаш зироъ фарохӣ аз он тараф дошт, ва ин фарохии хайма буд.

2 Ва фарохии дари даромад даҳ зироъ, ва паҳлуҳои дари даромад панҷ зироъ аз ин тараф ва панҷ зироъ аз он тараф буд; ва дарозияшро чил зироъ, ва фарохияшро бист зироъ андоза кард.

3 Ва ба хонаи дарун даромада, рукни дари даромадро ду зироъ андоза кард; ва дари даромад шаш зироъ, ва фарохии дари даромад ҳафт зироъ буд.

4 Ва дарозияшро бист зироъ, ва фарохияшро бист зироъ, рӯ ба ҷониби толори маъбад, андоза кард; ва ба ман гуфт: ин қудси қудсҳост.

5 Ва девори маъбадро шаш зироъ андоза кард; ва фарохии хоначаҳое ки дар гирдогирди маъбад буданд, чор зироъ буд.

6 Ва хоначаҳо, — хонача бар хонача, — се қабат, ва дар ҳар қабат сӣ адад буд, ва дар деворе ки барои хоначаҳо гирдогирди маъбад буд, дохил мешуд, то ки дар он ҷойгир шавад, валекин дар девори худи маъбад ҷойгир нашавад.

7 Ва хоначаҳо болотар ва болотар торафт фарох мешуд, зеро ки сатҳи маъбад болотар ва болотар гирдогирди маъбад афзоиш меёфт, бинобар ин фарохии маъбад дар боло зиёд буд; ва ба ҳамин тариқ аз қабати поён ба қабати миёна ва аз он ба қабати боло мебаромаданд.

8 Ва гирдогирди маъбад суфаи баланде дидам; таҳкурсии хоначаҳо як наи пурра, яъне шаш зирои калон буд.

9 Фарохии деворе ки аз берун барои хоначаҳо буд, панҷ зироъ буд; ва ҳамчунин барои фосилае ки дар миёни хоначаҳои маъбад буд.

10 Ва дар миёни утоқҳо гирдогирди маъбад аз ҳар тараф бист зироъ масофат буд.

11 Ва дарҳои даромади хоначаҳо рӯ ба ҷониби он фосила буд, як дари даромад рӯ ба ҷониби шимол, ва дари дигар рӯ ба ҷониби ҷануб; ва фарохии он ҷои фосила гирдогирд панҷ зироъ буд.

12 Ва биное ки дар пеши ялангӣ аз ҷониби ғарб буд, ҳафтод зироъ фарохӣ дошт, ва девори бино гирдогирд панҷ зироъ фарохӣ дошт: ва дарозии он навад зироъ буд.

13 Ва маъбадро андоза кард, ки дарозияш сад зироъ буд, ва дарозии ялангӣ ва бино ва деворҳояш низ сад зироъ буд.

14 Ва фарохии тарафи шарқии маъбад бо ялангии назди он сад зироъ буд.

15 Ва дарозии биноро то пеши ялангие ки дар ақибаш буд, бо айвонҳояш аз ин тараф ва аз он тараф сад зироъ андоза кард; ва толори дохилии маъбад ва равоқҳои саҳнро низ.

16 Остонаҳо, ва тирезаҳои шабакадор, ва айвонҳо гирдогирд — дар се қисми маъбад дар рӯ ба рӯи остона — аз замин то тирезаҳо гирдогирд рӯйбасти чӯбин дошт; ва тирезаҳо тахтапӯш буд.

17 То болои дари даромад ва то маъбади дохилӣ ва берунӣ, ва бар ҳамаи деворҳо гирдогирд, аз дарун ва аз берун, тахтаҳои калон‐калон буд.

18 Ва нақши каррубиён ва нахлҳо бар онҳо ҳак карда шуда буд, ва дар мобайни ҳар ду каррубӣ нахле буд, ва ҳар каррубӣ ду рӯй дошт.

19 Ва рӯи одам ба ҷониби нахл аз ин тараф, ва рӯи шер ба ҷониби нахл аз он тараф буд; дар тамоми маъбад гирдогирд ҳамин тавр сохта шуда буд.

20 Аз замин то болои дари даромад каррубиён ва нахлҳо бар девори толори маъбад ҳак карда шуда буд.

21 Паҳлударии толори маъбад мураббаъ буд, ва намуди даромадгоҳи қудс мисли намуди он буд.

22 Курбонгоҳи чӯбине буд, ки се зироъ баландӣ ва ду зироъ дарозӣ дошт; ва гӯшаҳояш, ва дарозияш ва деворҳояш аз чӯб буд. Ва ба ман гуфт: ин мизест, ки дар ҳузури Худованд мебошад.

23 Ва толори маъбад, ва қудс ду дар дошт.

24 Ва ҳар дар ду табақа дошт; ин ду табақа мутаҳаррик буд, дуто дар як дар, ва дуто дар дари дигар.

25 Ва бар онҳо, яъне бар дарҳои толори маъбад, каррубиён ва нахлҳо ҳак карда шуда буд, ончунон ки бар деворҳо ҳак карда шуда буд; ва соябони чӯбин дар пеши равоқ аз берун буд.

26 Ва тирезаҳои шабакадор, бо нақши нахлҳо аз ин тараф ва аз он тараф, бар паҳлуҳои равоқ буд, ва ҳамчунин бар хоначаҳои маъбад ва бар соябонҳо.

42

БОБИ ЧИЛУ ДУЮМ

Давоми он.

1 Ва маро ба саҳни берунӣ бо роҳи самти шимолӣ баровард; ва маро назди утоқҳое ки дар рӯ ба рӯи ялангӣ ва дар рӯ ба рӯи бино ба тарафи шимол буд, овард, —

2 Ба тарафи пеши иморате ки сад зироъ дарозӣ дошта, дар ҷониби дари даромади шимолӣ воқеъ буд, ва панҷоҳ зироъ фарохӣ дошт.

3 Рӯ ба рӯи бист зирое ки аз они саҳни дохилӣ буд, ва рӯ ба рӯи сангфарше ки аз они саҳни берунӣ буд, айвоне рӯ ба рӯи айвоне дар қабатҳои сеюм буд.

4 Ва дар пеши утоқҳо роҳе ба тарафи саҳни дарунӣ буд, ки даҳ зироъ фарохӣ дошт, ва роҳраве ки як зироъ буд, ва дарҳои онҳо ба тарафи шимолӣ буд.

5 Ва утоқҳои боло тангтар буданд, зеро ки айвонҳо аз онҳо, назар ба утоқҳои поён ва миёнаи бино, бештар мегирифтанд.

6 Зеро ки онҳо сеқабата буданд, ва сутунҳо мисли сутунҳои саҳнҳо надоштанд; бинобар ин аз заминашон, назар ба утоқҳои поён ва миёна, бештар гирифта шуда буд.

7 Ва деворе ки ба берун рӯ ба рӯи утоқҳо, сӯи саҳни берунӣ, ба тарафи пеши утоқҳо буд, панҷоҳ зироъ дарозӣ дошт,

8 Зеро дарозии утоқҳое ки дар саҳни берунӣ буд, панҷоҳ зироъ буд; ва инак тарафи пеши толори маъбад сад зироъ буд.

9 Ва дар поёни ин утоқҳо аз тарафи шарқӣ даромадгоҳе буд, ки аз он ба онҳо аз саҳни берунӣ омада дохил мешуданд;

10 Он баробари фарохии девори саҳн буда, аз пеши ялангӣ мегузашт ва пеши бинои утоқҳо мерафт.

11 Ва роҳи тарафи пеши онҳо мисли намуди роҳи утоқҳои самти шимолӣ буд, ҳам дарозияшон ва ҳам фарохияшон; ва ҳамаи баромадгоҳҳои онҳо, ва сохти онҳо, ва дарҳои даромади онҳо ҳамон хел буд.

12 Ва мисли дарҳои даромади утоқҳои самти ҷанубӣ даре бар сари роҳ буд, бар сари роҳе ки пеши девори сарбастаи шарқӣ буд, ва мардум бо ин роҳ омада дохил мешуданд.

13 Ва ба ман гуфт: «Утоқҳои шимолӣ ва утоқҳои ҷанубӣ, ки пеши ялангӣ мебошанд, утоқҳои муқаддасанд, ва коҳиноне ки ба Худованд наздик меоянд, қурбониҳои муқаддасро дар онҳо мехӯранд; қурбониҳои муқаддасро, яъне ҳадияи ордӣ, қурбонии гуноҳ ва курбонии ҷурмро дар он ҷо мегузоранд, зеро ки ин макон муқаддас аст.

14 Ҳангоме ки коҳинон меоянд, аз ин қудс ба саҳни берунӣ намебароянд, балки либосҳои худро, ки бо онҳо хизмат мекунанд, дар он ҷо мегузоранд, зеро ки онҳо муқаддас мебошанд; ва либосҳои дигар пӯшида, ба маконе ки аз они қавм аст, наздик мешаванд».

15 Ва баъд аз он ки андоза кардани маъбад ва саҳни дохилиро анҷом дод, маро аз дарвозае ки рӯ ба ҷониби шарқ буд, берун овард, ва онро гирдогирд андоза кард.

16 Тарафи шарқиро бо наи андоза андоза кард; бо наи андоза панҷсад най гирдогирд андоза кард.

17 Тарафи шимолиро бо наи андоза панҷсад най гирдогирд андоза кард.

18 Тарафи ҷанубиро бо наи андоза панҷсад най андоза кард.

19 Ба тарафи ғарбӣ гашта, бо наи андоза панҷсад най андоза кард.

20 Ҳар чор тарафи онро андоза кард; ҳисоре гирдогирди он буд, ки дарозияш панҷсад ва фарохияш панҷсад най буд, то ки чизи муқаддасро аз ғайримуқаддас ҷудо кунад.

43

БОБИ ЧИЛУ СЕЮМ

Давоми он.

1 Ва маро назди дарвоза овард, назди дарвозае ки рӯ ба ҷониби шарқ буд.

Рӯъёи ҷалоли Худо, ки маъбадро пур мекунад.

2 Ва инак, ҷалоли Худои Исроил аз тарафи шарқ омад, ва овози Ӯ мисли овози обҳои бисьёр буд, ва замин аз ҷалоли Ӯ мунаввар шуд.

3 Ва мисли намуди он рӯъёе буд, ки ман дида будам, яъне мисли он рӯъёе ки дар вақти омаданам барои харобии ин шаҳр, дида будам, ва рӯъёҳо мисли он рӯъёе буд, ки назди наҳри Кабар дида будам; ва бар рӯи худ афтодам.

4 Ва ҷалоли Худованд аз дарвозае ки рӯ ба ҷониби шарқ буд, ба маъбад даромад.

5 Ва Рӯҳи Худо маро бардошта, ба саҳни дохилӣ овард, ва инак ҷалоли Худованд маъбадро пур кард.

6 Ва касеро шунидам, ки ба ман аз даруни маъбад сухан меронд; ва марде назди ман истода буд.

Маъбад — макони тахти малакути оянда.

7 Ва ба ман гуфт: «Эй писари одам! Ин аст макони тахти Ман ва макони кафи пойҳои Ман, ки дар он Ман дар миёни банӣ‐Исроил то абад сокин хоҳам шуд; ва хонадони Исроил, ҳам худашон ва ҳам подшоҳонашон, дигар исми муқаддаси Маро бо зинокории худ ва бо лошаҳои подшоҳони худ ва бо баландиҳои худ палид нахоҳанд кард,

8 Дар сурате ки онҳо остонаи худро назди остонаи Ман ва паҳлударии худро назди паҳлударии Ман месохтанд, ва фақат деворе дар мобайни Ман ва онҳо буд, ва онҳо исми муқаддаси Маро бо корҳои зишти худ, ки ба ҷо меоварданд, палид карданд, ва Ман онҳоро дар хашми Худ ба ҳалокат расондам.

9 Акнун онҳо зиноҳои худ ва лошаҳои подшоҳони худро аз Ман дур хоҳанд кард, ва Ман дар миёни онҳо то абад сокин хоҳам шуд.

10 Ту, эй писари одам, хонадони Исроилро дар бораи ин маъбад огоҳӣ бидеҳ, то ки аз гуноҳҳои худ шарм намоянд ва тарҳи онро андоза кунанд.

11 Ва агар онҳо аз ҳар коре ин кардаанд, шарм намоянд, сурати маъбад ва тарҳи онро, ва баромадгоҳҳояш ва даромадгоҳҳояш ва ҳамаи тасвирҳояш, ва тамоми фароизаш ва ҳамаи тасвирҳояш ва ҳамаи қонунҳояшро ба онҳо баён намо ва пеши назари онҳо бинавис, то ки тамоми сурати он ва тамоми фароизи онро риоя намоянд, ва бар тибқи онҳо амал кунанд.

12 Ин аст қонуни маъбад: бар сари кӯҳ тамоми ҳудуди он гирдогирд қудси қудсҳо мебошад; ана ҳамин аст қонуни маъбад».

Андозаҳои қурбонгоҳ.

13 Ва инҳост андозаҳои қурбонгоҳ ба ҳисоби зироъҳо, ки он ҳам ҳар зироъ аз як зироъ ва як қабза иборат аст: доманаш — як зироъ, ва фарохияш — як зироъ, ва ҳошияи гирдогирди лабаш — як ваҷаб, — ва ин пояи қурбонгоҳ аст;

14 Ва аз домане ки бар рӯи замин аст, то барҷастагии поён — ду зироъ, ва фарохияш — як зироъ; ва аз ин барҷастагии хурд то барҷастагии калон — чор зироъ, ва фарохияш — як зироъ;

15 Ва оташдонаш — чор зироъ, ва аз оташдон ба сӯи боло — чор шох.

16 Ва оташдон дувоздаҳ зироъ дарозӣ ва дувоздаҳ зироъ фарохӣ дошт; аз ҳар чор тарафаш мураббаъ буд.

17 Ва барҷастагӣ чордаҳ зироъ дарозӣ ва чордаҳ зироъ фарохӣ аз ҳар чор тарафаш дошт; ва ҳошияи гирди он ним зироъ, ва домани он гирдогирд як зироъ, ва зинаҳои он рӯ ба ҷониби шарқ буд.

18 Ва ба ман гуфт: «Эй писари одам! Худованд Худо чунин мегӯяд: ин аст фароизи қурбонгоҳ дар рӯзе ки сохтани он ба анҷом расад, то ки қурбонии сӯхтанӣ бар он биёранд ва хун бар он бипошанд.

Дар бораи овардани қурбониҳо.

19 Ва ба коҳинони левизодае ки аз насли Содӯқ буда, ба Ман наздик меоянд, то ба Ман хизмат кунанд, мегӯяд Худованд Худо, гӯсолаи наре барои қурбонии гуноҳ бидеҳ.

20 Ва аз хунаш гирифта, бар чор шохи он, ва бар чор гӯшаи барҷастагӣ, ва бар ҳошияи гирди он бипош; ва онро аз гуноҳ пок намо, ва онро кафорат бикун.

21 Ва он гӯсоларо барои қурбонии гуноҳ бигир, ва онро дар макони муайяни маъбад, берун аз қудс бисӯзон.

22 Ва дар рӯзи дуюм нарбузи беайберо барои қурбонии гуноҳ забҳ намо; ва бигзор қурбонгоҳро аз гуноҳ пок кунанд, чунон ки бо гӯсола пок карданд.

23 Ва ҳангоме ки сӯзонидани қурбониҳои гуноҳро ба анҷом расонӣ, гӯсолаи нари беайбе, ва қӯчқори беайбе аз миёни рама қурбонӣ намо.

24 Ва онҳоро ба ҳузури Худованд қурбонӣ намо: ва бигзор коҳинон бар онҳо намак пошанд, ва онҳоро қурбонии сӯхтанӣ барои Худованд бароранд.

25 Ҳафт рӯз бузи нареро чун қурбонии гуноҳ барои ҳар рӯз забҳ намо; ва бигзор гӯсолаи наре ва қӯчқореро аз рама, ки ҳар дуяш беайб бошад, қурбонӣ кунанд.

26 Бигзор ҳафт рӯз қурбонгоҳро кафорат кунанд, ва онро пок созанд, ва онро тақдис намоянд.

27 Ва ҳангоме ки ин рӯзҳо ба итмом расад, дар рӯзи ҳаштум ва баъд аз он коҳинон қурбониҳои сӯхтанӣ ва қурбониҳои саломатии шуморо бар қурбонгоҳ бароранд ва Ман ба шумо таваҷҷӯҳ хоҳам намуд, мегӯяд Худованд Худо».

44

БОБИ ЧИЛУ ЧОРУМ

Дар бораи дарвозаи маъбад.

1 Ва маро назди дарвозаи саҳни берунии маъбад, ки рӯ ба ҷониби шарқ буд, гардонда овард, вале он баста буд.

2 Ва Худованд ба ман гуфт: «Ин дарвоза баста хоҳад буд, кушода нахоҳад шуд, ва касе ба он нахоҳад даромад, зеро ки Худованд Худои Исроил ба он даромад, ва он баста хоҳад буд.

3 Аммо раис, азбаски вай раис аст, дар он хоҳад нишаст, то ки ба ҳузури Худованд нон бихӯрад; аз роҳи равоқи ин дарвоза хоҳад даромад, ва аз он роҳ хоҳад баромад».

Ҷалол хонаи Худовандро пур мекунад.

4 Ва маро аз роҳи дарвозаи шимолӣ пеши маъбад овард, ва назар кардам, ва инак, ҷалоли Худованд хонаи Худовандро пур карда буд, ва ман бар рӯи худ афтодам.

5 Ва Худованд ба ман гуфт: «Эй писари одам! Диққат намо, ва бо чашмони худ бубин, ва ҳар он чи Ман дар бораи тамоми фароизи хонаи Худованд ва ҳамаи қонунҳояш ба ту бигӯям, бо гӯшҳои худ бишнав; ва ба даромадгоҳи маъбад ва ба ҳамаи баромадгоҳҳои хонаи муқаддас диққат намо.

6 Ва ба ин исьёнгарон, яъне ба хонадони Исроил бигӯй: „Худованд Худо чунин мегӯяд: бас аст шуморо, эй хонадони Исроил, тамоми он корҳои зиштатон,

7 Вақте ки аҷнабиёни дорои дили номахтун ва ҷисми номахтунро меовардед, то ки дар хонаи муқаддаси Ман истода, хонаи Маро палид созанд, ва шумо ғизои Маро, яъне чарбу ва хунро бо ёрии онҳо қурбонӣ менамудед, ва онҳо, илова бар ҳамаи корҳои зишти шумо, аҳди Маро поймол мекарданд;

8 Ва шумо хизмати навбатдориро назди чизҳои муқаддаси Ман ба ҷо наовардед, балки аҷнабиёнро ба ҷои худ гузоштед, то ки хизмати Маро дар навбатдории хонаи муқаддаси Ман ба ҷо оваранд.

Дар бораи коҳинон дар маъбади оянда.

9 Худованд Худо чунин мегӯяд: ҳеҷ як аҷнабӣ, ки дили номахтун ва ҷисми номахтун дорад, набояд ба хонаи муқаддаси Ман дохил шавад, ҳеҷ яке аз он аҷнабиёне низ, ки дар миёни банӣ‐Исроил ҳастанд,

10 Балки левизодагоне ки дар вақти гумроҳии Исроил аз Ман дур шудаанд, яъне онҳое ки Маро тарк карда, бутҳои худро пайравӣ намудаанд, ҷазои гуноҳи худро хоҳанд кашид.

11 Ва онҳо дар хонаи муқаддаси Ман хизматгузор гардида, вазифаи дарвозабонҳои маъбад ва мулозимони маъбадро ба ҷо хоҳанд овард; онҳо қурбониҳои сӯхтанӣ ва қурбониҳои дигарро барои қавм забҳ хоҳанд кард, ва ба ҳузури онҳо барои иҷрои хизматашон хоҳанд истод.

12 Азбаски ба онҳо ба хузури бутҳошон хизмат мекарданд, ва барои хонадони Исроил васвасаи гуноҳ гардиданд, бинобар ин дасти Худро бардошта қасам хӯрдам, мегӯяд Худованд Худо, ки онҳо бори гуноҳи худро хоҳанд бардошт;

13 Ва ба Ман наздик нахоҳанд омад, то ки барои Ман каҳонат намоянд ва ба ҳамаи чизҳои муқаддаси Ман, яъне ба қурбониҳои муқаддастарин наздик оянд, балки бори нанги худ ва корҳои зишти худро, ки ба ҷо овардаанд, хоҳанд бардошт;

14 Ва Ман онҳоро нигаҳбонони навбатдории маъбад, барои ҳар хизмати он ва барои ҳар коре ки дар он ба ҷо оварда мешавад, таъин хоҳам намуд.

15 Валекин коҳинони левизодаи банӣ‐Содӯқ, ки дар вақти аз Ман дур шудани банӣ‐Исроил хизмати навбатдории хонаи муқаддаси Маро ба ҷо меоварданд, — онҳо ба Ман наздик хоҳанд омад, то ки ба Ман хизмат кунанд, ва онҳо ба ҳузури Ман хоҳанд истод, то ки ҷарбу ва хунро барои Ман қурбонӣ намоянд, мегӯяд Худованд Худо.

16 Онҳо ба хонаи муқаддаси Ман дохил хоҳанд шуд, ва онҳо ба мизи Ман наздик хоҳанд омад, то ки ба Ман хизмат кунанд; ва онҳо навбатдориро барои Ман ба ҷо хоҳанд овард.

17 Ва чун ба дарвозаи саҳни дохилӣ дароянд, либоси катон бояд бипӯшанд; ва ҳангоме ки назди дарвозаи саҳни дохилӣ ва дар маъбад хизмат кунанд, бар онҳо либоси пашмин набояд бошад.

18 Аммомаҳои катон бар сари онҳо бояд бошад, ва шалвори катон бар камарашон бояд бошад; бо чизе ки арақ оварад, камарро набояд банданд.

19 Ва ҳангоме ки ба саҳни берунӣ, ба саҳни берунӣ назди қавм берун оянд, либосҳои худро, ки бо онҳо хизмат мекунанд, бояд кашида, дар утоқҳои муқаддас бимонанд, ва либосҳои дигар бипӯшанд, то ки бо либосҳои худ қавмро тақдис нанамоянд.

20 Ва бояд сари худро натарошанд, ва гесӯ намонанд, балки мӯйсари худро қайчӣ кунанд.

21 Ва ҳеҷ як коҳин, вақте ки ба саҳни дохилӣ медарояд, набояд шароб нӯшад.

22 Ва зани бева ва талоқ додашударо набояд барои худ ба занӣ гиранд, балки бокираеро, ки аз насли хонадони Исроил бошад, ва беваеро, ки беваи коҳин бошад, бигиранд;

23 Ва фарқи байни чизи муқаддас ва ғайримуқаддасро бояд ба қавми Ман таълим диҳанд, ва фарқи байни чизи палид ва покро ба онҳо бифаҳмонанд;

24 Ва дар мурофиаҳо ба доварӣ истода, мувофиқи дастурҳои Ман доварӣ намоянд, ва қонунҳо ва фароизи Маро оид ба ҳамаи идҳои Ман риоя кунанд, ва шанбеҳои Маро тақдис намоянд.

25 Ва ҳеҷ яке аз онҳо набояд ба одами мурда наздик омада худро палид созад; фақат барои падар ва модар, писар ва духтар, бародар ва хоҳаре ки шавҳар накарда бошад, метавонанд худро палид созанд.

26 Ва баъд аз он ки ӯ пок шавад, барои ӯ ҳафт рӯз шумурданашон лозим аст.

27 Ва дар рӯзе ки ӯ ба саҳни дохилии қудс дарояд, то ки дар қудс хизмат кунад, ӯ бояд қурбонии гуноҳи худро биёрад, мегӯяд Худованд Худо.

28 Ва ин насибаи онҳо хоҳад буд: Ман насибаи онҳо хоҳам буд; ва мулке ба онҳо дар Исроил надиҳед: Ман мулки онҳо хоҳам буд.

29 Ҳадияи ордӣ ва қурбониҳои гуноҳ ва ҷурмро онҳо хоҳанд хӯрд; ва тамоми вақф дар Исроил аз они онҳо хоҳад буд.

30 Ва ибтидои тамоми навбарҳои ҳама чиз, ва ҳар пешкаши ҳар чиз аз тамоми пешкашҳои шумо аз они коҳинон хоҳад буд; ва ибтидои хамири худро ба коҳин бидиҳед, то ки баракат бар хонаи ту қарор ёбад.

31 Ҳеҷ як лоша ва даридашударо, хоҳ аз паррандагон бошад хоҳ аз чорпоён, коҳинон набояд бихӯранд.

45

БОБИ ЧИЛУ ПАНҶУМ

Тақсимоти қитъаҳои замин.

Қисме ки ба Худованд бахшида шудааст.

1 Ва ҳангоме ки заминро барои тасарруф бо қуръа тақсим кунед, қитъаи муқаддасе аз замин, ки бисту панҷ ҳазор зироъ дарозӣ ва даҳ ҳазор зироъ фарохӣ дошта бошад, барои Худованд пешкаш намоед; он дар тамоми ҳудудаш гирдогирд муқаддас хоҳад буд.

2 Аз ин барои қудс мураббае ба андозаи панҷсад зироъ бар панҷсад зироъ гирдогирд хоҳад буд; ва майдоне гирдогирди он ба андозаи панҷоҳ зироъ.

3 Ва аз паҳлуи ин андоза дарозии бисту панҷ ҳазор зироъ ва фарохии даҳ ҳазор зироъро андоза намо, ва дар он ҷо хонаи муқаддас, кудси қудсҳо хоҳад буд.

4 Ин барои коҳиноне ки дар хонаи муқаддас хизмат мекунанд ва барои хизмат кардан ба Худованд наздик меоянд, китъаи муқаддасе аз замин хоҳад буд, ва маконе барои хонаҳои онҳо ва ҷои тақдисьёфтае барои хонаи муқаддас хоҳад буд.

5 Ва дарозии бисту панҷ ҳазор зироъ ва фарохии даҳ ҳазор зироъ барои левизодагоне ки дар хонаи муқаддас хизмат мекунанд, хоҳад буд, то ки мулки онҳо барои бист утоқ бошад.

6 Ва мулки шаҳрро, ки фарохияш панҷ ҳазор зироъ ва дарозияш бисту панҷ ҳазор зироъ бошад, дар рӯ ба рӯи пешкаши муқаддас бидиҳед; он аз они тамоми хонадони Исроил хоҳад буд.

Ҳиссаи раис.

7 Ва мулк барои раис аз ин тараф ва аз он тарафи пешкаши муқаддас ва мулки шаҳр, аз паҳлуи пешкаши муқаддас ва аз паҳлуи мулки шаҳр, аз ҷониби ғарбӣ ба сарҳади марзи ғарбӣ ва аз ҷониби шарқӣ ба сарҳади марзи шарқӣ хоҳад буд, ва дарозии он баробари ҳар ҳисса аз сарҳади ғарбӣ то сарҳади шарқӣ хоҳад буд.

8 Ин ҳиссаи замин мулки ӯ дар Исроил хоҳад буд, то ки раисони Ман қавми Маро дигар ба танг наоваранд, ва заминро ба хонадони Исроил бар тибқи сибтҳои онҳо бидиҳанд.

9 Худованд Худо чунин мегӯяд: бас аст шуморо, эй раисони Исроил! Зулм ва ғоратро дур кунед, ва адлу инсоф ба амал оваред; бедодии худро аз сари қавми Ман бардоред, мегӯяд Худованд Худо.

10 Бигзор шуморо тарозуи дуруст ва эфаи дуруст ва бати дуруст бошад.

11 Эфа ва бат бояд як гунҷоиш дошта бошанд: бат ба даҳьяки ҳӯмер баробар бошад; ва эфа низ ба даҳьяки ҳӯмер, — андозаи он мувофиқи ҳӯмер хоҳад буд.

12 Ва дар сикл бист ҷеро+ 45:12 Ҷеро — пули майдаи қадимӣ, ки баробари аз бист як қисми сиқл (тақрибан 0,75 грамм) буд. хоҳад буд; бист сикл, бисту панҷ сикл, даҳ ва панҷ сикл, — инҳо ба минои шумо ҳамроҳ хоҳад шуд.

13 Пешкаше ки шумо бояд бидиҳед, ин аст: шашьяки эфа аз ҳар ҳӯмери гандум, ва шашьяки эфа аз ҳар ҳӯмери ҷав.

14 Ва қарордод дар бораи равған: бат андозаи равған аст; даҳьяки бат аз ҳар кӯр бидиҳанд; даҳ бат як ҳӯмер аст, зеро ки як ҳӯмер даҳ бат дорад.

15 Ва як гӯсфанд аз рамаи дорои дусад сар гӯсфанд аз чарогоҳи сероби Исроил, барои ҳадияи ордӣ ва қурбонии сӯхтанӣ ва қурбониҳои саломатӣ бидиҳанд, то ки барояшон кафорат гардад, мегӯяд Худованд Худо.

16 Тамоми қавми замин вазифадор мебошанд ин пешкашро ба раиси Исроил бидиҳанд.

17 Ва раис вазифадор аст қурбониҳои сӯхтанӣ ва ҳадияҳои ордӣ ва ҳадияҳои рехтаниро дар идхо ва навмоҳҳо ва шанбеҳо, дар ҳамаи мавсимҳои хонадони Исроил бидиҳад; ӯ қурбонии гуноҳ ва ҳадияи ордӣ ва қурбонии сӯхтанӣ ва қурбониҳои саломатиро барои кафорати хонадони Исроил хоҳад овард.

18 Худованд Худо чунин мегӯяд: дар рӯзи аввали моҳи якум гӯсолаи нари беайбе бигир, ва хонаи муқаддасро аз гуноҳ пок намо.

19 Ва бигзор коҳин аз хуни он қурбонии гуноҳ гирифта, бар паҳлудариҳои ин хона, ва бар чор гӯшаи барҷастагии қурбонгоҳ, ва бар паҳлудариҳои дарвозаи саҳни дохилӣ бипошад.

20 Ва дар рӯзи ҳафтуми моҳ барои ҳар касе ки саҳван ва ё аз рӯи соддадилӣ гуноҳ карда бошад, ҳамин тавр амал намо; ва хонаро кафорат кунед.

21 Дар рӯзи чордаҳуми моҳи якум барои шумо фисҳ, иди ҳафтрӯза, хоҳад буд, ки дар он бояд фатир бихӯранд.

22 Ва дар он рӯз раис бояд барои худаш ва барои қавми замин нарговеро ҳамчун қурбонии гуноҳ биёрад;

23 Ва дар ҳафт рӯзи ид, дар ҳар рӯзи ин ҳафт рӯз, ҳафт наргов ва ҳафт қӯчқори беайбро барои Худованд ҳамчун қурбонии сӯхтанӣ биёрад: ва ҳар рӯз нарбузеро ҳамчун қурбонии гуноҳ биёрад;

24 Ва ҳадияи ордиро ба андозаи як эфа бо ҳар наргов ва як эфа бо ҳар қӯчқор, ва равғанро ба андозаи як ҳин бо ҳар эфа биёрад.

25 Дар рӯзи понздаҳуми моҳи ҳафтум, дар ид, ӯ бояд ҳафт рӯз мисли инҳо, яъне: чунин қурбонии гуноҳ, чунин қурбонии сӯхтанӣ, чунин ҳадияи ордӣ ва чунин миқдори равған биёрад.

46

БОБИ ЧИЛУ ШАШУМ

Курбониҳое ки раис ва қавм меоваранд.

1 Худованд Худо чунин мегӯяд: дарвозаи саҳни дохилӣ, ки рӯ ба ҷониби шарқ аст, бояд дар шаш рӯзи кор баста бошад, ва дар рӯзи шанбе кушода шавад, ва дар рӯзи навмоҳ кушода шавад.

2 Ва раис бо роҳи равоқи дарвоза аз саҳни берунӣ дохил шуда, назди паҳлудариҳои ин дарвоза меистад, ва коҳинон қурбонии сӯхтании ӯ ва қурбониҳои саломатии ӯро забҳ менамоянд, ва ӯ бар остонаи дарвоза саҷда карда, берун меояд; ва дарвоза то шомгоҳ баста намешавад.

3 Ва қавми замин дар шанбеҳо ва навмоҳҳо дар даҳани он дарвоза ба ҳузури Худованд саҷда хоҳанд кард.

4 Ва қурбонии сӯхтание ки раис барои Худованд дар рӯзи шанбе меоварад, шаш гӯсфанди беайб ва як қӯчқори беайб хоҳад буд;

5 Ва ҳадияи ордӣ як эфа бо қӯчқор бояд биёрад; ва ҳадияи ордӣ бо гӯсфандон ба андозае ки аз дасташ ояд; ва равған ба андозаи як ҳин бо ҳар эфа бояд биёрад.

6 Ва дар рӯзи навмоҳ гӯсолаи нари беайб, ва шаш гӯсфанд ва як қӯчқор, ки беайб бошанд, бояд қурбонӣ кунад.

7 Ва ҳадияи ордӣ як эфа бо наргов, ва як эфа бо қӯчқор бояд биёрад, ва бо гӯсфандон — ба андозае ки аз дасташ ояд; ва равған ба андозаи як ҳин бо ҳар эфа бояд биёрад.

8 Ва ҳангоме ки раис меояд, бо роҳи равоқи дарвоза бояд дохил шавад, ва бо ҳамон роҳ берун равад.

9 Ва ҳангоме ки қавми замин дар мавсимҳо ба ҳузури Худованд меоянд, ҳар кӣ аз дарвозаи шимолӣ барои ибодат дохил шуда бошад, бояд аз дарвозаи ҷанубӣ берун равад, ва ҳар кӣ аз дарвозаи ҷанубӣ дохил шуда бошад, бояд аз дарвозаи шимолӣ берун равад; набояд аз дарвозае ки дохил шудааст, баргардад, балки аз дарвозаи рӯ ба рӯи он бояд берун равад.

10 Ва раис андаруни онҳо бояд бошад: ҳангоме ки онҳо дохил мешаванд, ӯ низ дохил шавад, ва ҳангоме ки онҳо берун мераванд, ӯ низ берун равад.

11 Ва дар идҳо ва мавсимҳо ҳадияи ордӣ як эфа бо наргов ва як эфа бо кӯчқор бояд биёрад, ва бо гӯсфандон ба андозае ки аз дасташ ояд; ва равған як ҳин бо ҳар эфа бояд биёрад.

12 Ва ҳангоме ки раис қурбонии ихтиёрӣ мекунад, яъне барои Худованд ба таври ихтиёрӣ қурбонии сӯхтанӣ ё қурбониҳои саломатӣ меоварад, бигзор дарвозаеро, ки рӯ ба ҷониби шарқ аст, барои ӯ кушоянд, ва ӯ қурбонии сӯхтании худ ва қурбониҳои саломатии худро забҳ намояд, чунон ки дар рӯзи шанбе забҳ менамояд; ва ӯ берун равад, ва баъд аз рафтанаш дарвозаро бибанданд.

13 Ва барраи яксолаи беайберо ҳар рӯз барои Худованд ҳамчун қурбонии сӯхтанӣ биёр; ҳар субҳ онро қурбонӣ намо.

14 Ва ба замми он ҳар субҳ ҳадияи ордӣ ба андозаи шашьяки эфа, ва равған ба андозаи сеяки ҳин биёр, то ки орд дар он омехта шавад; ин ҳадияи ордӣ барои Худованд бар тибқи фароизи абадӣ ба таври доимӣ хоҳад буд.

15 Бигзор барра ва ҳадияи ордӣ ва равғанро ҳар субҳ ҳамчун қурбонии сӯхтании доимӣ биёранд.

16 Худованд Худо чунин мегӯяд: агар раис ба яке аз писарони худ бахшише диҳад, ин мероси вай ҳисоб ёфта, аз они писаронаш хоҳад шуд: ин мулки ирсии онҳо хоҳад буд.

17 Вале агар аз мулки ирсии худ ба яке аз ғуломонаш бахшише диҳад, то соли озодӣ аз они вай хоҳад буд, ва ба раис хоҳад баргашт; аммо мулки ирсие ки ӯ ба писаронаш дода бошад, аз они онҳо хоҳад буд.

18 Валекин раис ҳақ надорад аз насибаи қавм гирифта, онҳоро аз мулкашон маҳрум созад, балки фақат аз мулки худаш метавонад ба писаронаш мерос диҳад, то ки ҳеҷ кас аз қавми Ман аз мулки худ ронда нашавад“».

Маконе ки дар он ҷо қурбониҳоро мепухтанд.

19 Ва маро аз даромадгоҳе ки дар паҳлуи дарвоза буд, ба утоқҳои муқаддаси коҳинон, ки рӯ ба ҷониби шимол буд, овард, ва инак, дар он ҷо ба ҳар ду канор ба самти ғарбӣ маконе буд.

20 Ва ба ман гуфт: «Ин маконест, ки коҳинон дар он ҷо қурбонии ҷурм ва қурбонии гуноҳро меҷӯшонанд, ва ҳадияи ордиро мепазанд, бе он ки онро ба саҳни берунӣ бароварда, қавмро тақдис намоянд».

21 Ва маро ба саҳни берунӣ баровард, ва маро аз чор гӯшаи саҳн гузаронд; ва инак, саҳне дар гӯшаи саҳн, саҳне дар гӯшаи саҳн буд.

22 Дар ҳар чор гӯшаи саҳн саҳнҳои болокушодае буданд, ки чил зироъ дарозӣ ва сӣ зироъ фарохӣ доштанд; ҳар чор саҳни гӯшаро андозаи баробар буд.

23 Ва дар гирди онҳо, дар гирди ҳар чорашон қаторҳои санг буд; ва дар зери он қаторҳо гирдогирд оташдонҳо сохта шуда буд.

24 Ва ба ман гуфт: «Инҳо хонаи пухтупаз аст, ки хизматгузорони маъбад дар он ҷо қурбониҳои қавмро мепазанд».

47

БОБИ ЧИЛУ ҲАФТУМ

Дар бораи обе ки аз таги маъбад ҷорӣ мешавад.

1 Ва маро назди даромадгоҳи маъбад овард, ва инак, аз таги остонаи маъбад об ба тарафи шарқ ҷорӣ буд, зеро ки маъбад рӯ ба ҷониби шарқ буд; ва об аз таг, аз паҳлуи ҷанубии маъбад, аз тарафи ҷанубии қурбонгоҳ ҷараён дошт.

2 Ва маро аз дарвозаи шимолӣ берун овард, ва маро бо роҳи берунӣ ба сӯи дарвозаи берунӣ, бо роҳе ки рӯ ба ҷониби шарқ аст, давр занонд; ва инак, об аз паҳлуи ҷанубӣ чорӣ мешуд.

3 Ҳангоме ки он мард ба ҷониби шарқ берун омад, ресмон дар дасташ буд; ва ҳазор зироъ андоза кард, ва маро аз об гузаронд; об то буҷулаки пой буд.

4 Ва ҳазор зироъ андоза кард, ва маро аз об гузаронд; об то сари зону буд. Ва ҳазор зироъ андоза кард, ва маро гузаронд; об то камар буд.

5 Ва ҳазор зироъ андоза кард, — наҳре буд, ки аз он наметавонистам убур намоям, зеро ки об бағоят баланд шуда буд, обе ки аз он фақат шино кардан мумкин буд, наҳре ки аз он қадам зада гузаштан ғайриимкон буд.

6 Ва ба ман гуфт: «Оё дидӣ, эй писари одам?» Ва маро бурда, ба сохили наҳр баргардонид.

7 Ва ҳангоме ки баргаштам, инак дар соҳили наҳр, аз ин тараф ва аз он тараф, хеле бисьёр дарахтон буд.

8 Ва ба ман гуфт: «Ин обҳо сӯи ноҳияи шарқӣ ҷорӣ мешавад, ва ба водии Урдун фурӯд омада, ба баҳри Намак медарояд; ҳамин ки ба баҳр дарояд, обҳои он солим мегардад.

9 Ва чунин воқеъ хоҳад шуд, ки ҳар ҷони зиндаи хазанда дар ҳар ҷое ки ҷараёни он наҳр дохил шавад, зинда хоҳад монд, ва моҳӣ бағоят фаровон хоҳад шуд, зеро ки ба он ҷо ин обҳо омада, он солим хоҳад шуд, ва ба ҳар ҷое ки ин наҳр дохил шавад, ҳар чиз зинда хоҳад монд.

10 Ва моҳигирон назди он хоҳанд истод; аз Айн‐Ҷадӣ то Айн‐Аҷлоим макони паҳн кардани тӯрҳои онҳо хоҳад шуд; моҳии онҳо аз ҷинсҳои гуногун ва мисли моҳии баҳри Кабир бағоят фаровон хоҳад буд.

11 Вале ботлоқҳо ва ҳавзҳои он солим нагардида, барои намак гузошта хоҳад шуд.

12 Ва бар соҳили наҳр, аз ин тараф ва аз он тараф, ҳар навъ дарахтони ғизоовар хоҳанд рӯид; баргҳои онҳо пажмурда нахоҳад шуд, ва меваи онҳо тамомият нахоҳад дошт: ҳар моҳ меваи тоза пайдо хоҳад шуд, зеро ки оби он аз маъбад ҷорӣ мешавад; меваи онҳо барои хӯрок ва баргҳои онҳо барои даво хоҳад буд».

Дар бораи ҳудуди замин.

13 Худованд Худо чунин мегӯяд: «Ин аст ҳудуде ки заминро мувофиқи он ба дувоздаҳ сибти Исроил ҳамчун мулки ирсӣ тақсим хоҳед кард: ба Юсуф ду ҳисса.

14 Ва шумо, ҳар яке баробари дигаре, онро тасарруф хоҳед намуд, чунки Ман дасти Худро бардошта қасам ёд кардаам, ки онро ба падарони шумо бидиҳам; ва ин замин насиби шумо хоҳад шуд.

15 Ва ҳудуди замин ин аст: дар канори шимолӣ аз баҳри Кабир бо роҳи Ҳатлун то даромадгоҳи Садад,

16 Ҳамот, Берута ва Сиброим, ки дар миёни сарҳади Димишқ ва сарҳади Ҳамот аст, ва Ҳасар‐Ҳатихун, ки назди сарҳади Ҳаврон аст.

17 Ва сарҳад аз баҳр то Ҳасар‐Энон, ҳудуди Димишқ, ва ба самти шимол ҳудуди Ҳамот хоҳад буд; ва ин аст канори шимолӣ.

18 Ва канори шарқӣ дар миёни Ҳаврон ва Димишқ ва дар миёни Ҷилъод ва замини Исроил Урдун хоҳад буд; аз ин сарҳад то баҳри Шарқӣ андоза намоед; ва ин аст канори шарқӣ.

19 Ва канори ҷанубӣ, ба тарафи ҷануб, аз Томор то обҳои Марибут‐Қодеш ва наҳри сӯи баҳри Кабир хоҳад буд; ва ин аст канори ҷанубӣ ба тарафи ҷануб.

20 Ва канори ғарбӣ баҳри Кабир аз сарҳади ҷанубӣ то даромадгоҳи Ҳамот хоҳад буд; ин аст канори ғарбӣ.

21 Ва ин заминро барои худ бар тибқи сибтҳои Исроил тақсим кунед.

22 Ва чунин хоҳад шуд, ки онро ҳамчун мулки ирсӣ барои худатон ва барои ғарибоне ки андаруни шумо сукунат доранд ва андаруни шумо фарзандон ба дуньё овардаанд, бо куръа тақсим хоҳед кард; ва онҳо назди шумо, дар миёни банӣ‐Исроил, бояд мисли мардуми маҳаллӣ ба шумор раванд, ва бо шумо, андаруни сибтҳои Исроил, мулки ирсиро бо қуръа тақсим кунанд.

23 Ва чунин хоҳад шуд, ки дар кадом сибте ки ғариб сукунат дошта бошад, дар он ҷо мулки ирсии варо хоҳед дод, мегӯяд Худованд Худо».

48

БОБИ ЧИЛУ ҲАШТУМ

Тақсимоти замин дар миёни сибтҳо.

1 Ва ин аст номҳои сибтҳо: аз канори сарҳади шимолӣ ба дарозии роҳи Ҳатлун ва даромадгоҳи Ҳамот ва Ҳасар‐Энон, аз он тарафи сарҳади шимолии Димишқ, назди Ҳамот, — аз канори шарқӣ то канори ғарбӣ аз они ӯ хоҳад буд, — барои Дон як ҳисса.

2 Ва назди сарҳади Дон, аз канори шарқӣ то канори ғарбӣ, — барои Ошер як ҳисса.

3 Ва назди сарҳади Ошер, аз канори шарқӣ то канори ғарбӣ, — барои Нафтолӣ як ҳисса.

4 Ва назди сарҳади Нафтолӣ, аз канори шарқӣ то канори ғарбӣ, — барои Менашше як ҳисса.

5 Ва назди сарҳади Менашше, аз канори шарқӣ то канори ғарбӣ, — барои Эфроим як ҳисса.

6 Ва назди сарҳади Эфроим, аз канори шарқӣ то канори ғарбӣ, — барои Реубен як ҳисса.

7 Ва назди сарҳади Реубен, аз канори шарқӣ то канори ғарбӣ, — барои Яҳудо як ҳисса.

8 Ва назди сарҳади Яҳудо, аз канори шарқӣ то канори ғарбӣ, пешкаше ки медиҳед, хоҳад буд: фарохии он бисту панҷ ҳазор зироъ ва дарозии он мисли яке аз ҳиссаҳо, аз канори шарқӣ то канори ғарбӣ; ва андаруни он хонаи муқаддас хоҳад буд.

9 Пешкаше ки барои Худованд медиҳед, дарозияш бисту панҷ ҳазор зироъ ва фарохияш даҳ ҳазор зироъ хоҳад буд.

Қитъаи коҳинон.

10 Ва ин пешкаши муқаддас барои инҳо хоҳад буд: барои коҳинон ба тарафи шимолӣ дарозияш бисту панҷ ҳазор зироъ, ва ба тарафи ғарбӣ фарохияш даҳ ҳазор зироъ, ва ба тарафи шарқӣ фарохияш даҳ ҳазор, ва ба тарафи ҷанубӣ дарозияш бисту панҷ ҳазор; ва хонаи муқаддаси Худованд андаруни он хоҳад буд.

11 Ин барои коҳинони тақдисьёфтаи банӣ‐Содӯқ хоҳад буд, ки онҳо хизмати навбатдории Маро ба ҷо овардаанд ва дар вақти гумроҳ шудани банӣ‐Исроил гумроҳ нашудаанд, чунон ки левизодагон гумроҳ шуда буданд.

12 Ва ин барои онҳо пешкаши алоҳидае аз пешкаши замин, яъне қудси қудсҳо, назди сарҳади левизодагон хоҳад буд.

13 Ва ҳиссаи левизодагон, дар рӯ ба рӯи сарҳади коҳинон, бисту панҷ ҳазор зироъ дарозӣ ва даҳ ҳазор зироъ фароҳӣ хоҳад дошт; тамоми дарозии он бисту панҷ ҳазор ва фарохии он даҳ ҳазор хоҳад буд.

14 Ва чизе аз он нахоҳанд фурӯхт ва иваз нахоҳанд кард, ва ин навбари замин ба дигарон гузаронида нахоҳад шуд, зеро ки он барои Худованд муқаддас аст.

15 Ва панҷ ҳазоре ки аз фарохии он ба дарозии бисту панҷ ҳазор боқӣ мемонад, сатҳи ғайримуқаддас барои шаҳр, яъне барои истиқоматгоҳҳо ва барои майдонҳои холӣ хоҳад буд, ва шаҳр андаруни он вуҷуд хоҳад дошт.

16 Ва ин аст андозаҳои он: канори шимолӣ чор ҳазору панҷсад зироъ, ва канори ҷанубӣ чор ҳазору панҷсад, ва канори шарқӣ чор ҳазору панҷсад, ва канори ғарбӣ чор ҳазору панҷсад.

17 Ва майдони холӣ дар гирди шаҳр аз шимол дусаду панҷоҳ зироъ, ва аз ҷануб дусаду панҷоҳ, ва аз шарқ дусаду панҷоҳ, ва аз ғарб дусаду панҷоҳ хоҳад буд.

18 Ва он чи аз дарозии он дар рӯ ба рӯи пешкаши муқаддас, — даҳ ҳазор зироъ аз шарқ ва даҳ ҳазор аз ғарб, — боқӣ мемонад, дар рӯ ба рӯи пешкаши муқаддас мебошад, ва ҳосилоти он барои хӯроки коркунони шаҳр хоҳад буд.

19 Ва коркунони шаҳр аз ҳамаи сибтҳои Исроил буда, онро кишт хоҳанд кард.

20 Тамоми пешкашро, ки бисту панҷ ҳазор зироъ бар бисту панҷ ҳазор, яъне мураббаъ хоҳад буд, ҳамчун пешкаши муқаддас бо якҷоягии мулки шаҳр ҷудо кунед.

Қитъаи раис.

21 Ва он чи аз ин тараф ва аз он тарафи пешкаши муқаддас ва мулқи шаҳр боқӣ мемонад, аз они раис хоҳад буд, яъне назди бисту панҷ ҳазори пешкаш то сарҳади шарқӣ, ва аз ғарб — назди бисту панҷ ҳазор то сарҳади ғарбӣ, дар рӯ ба рӯи ҳиссаҳо, аз они раис хоҳад буд; ва пешкаши муқаддас, ва хонаи муқаддас андаруни он хоҳад буд.

22 Ва он чи аз мулки левизодагон ва аз мулки шаҳр андаруни мулки раис аст, яъне он чи дар миёни сарҳади Яҳудо ва сарҳади Биньёмин мебошад, аз они раис хоҳад буд.

23 Ва барои сибтҳои боқӣ: аз канори шарқӣ то канори ғарбӣ, — барои Биньёмин як ҳисса.

24 Ва назди сарҳади Биньёмин, аз канори шарқӣ то канори ғарбӣ, — барои Шимъӯн як ҳисса.

25 Ва назди сарҳади Шимъӯн, аз канори шарқӣ то канори ғарбӣ, — барои Иссокор як ҳисса.

26 Ва назди сарҳади Иссокор, аз канори шарқӣ то канори ғарбӣ, — барои Забулун як ҳисса.

27 Ва назди сарҳади Забулун, аз канори шарқӣ то канори ғарбӣ, — барои Ҷод як ҳисса.

28 Ва назди сарҳади Ҷод, дар канори ҷанубӣ, ба тарафи ҷануб, аз Томор то обҳои Марибут‐Қодеш ва наҳри сӯи баҳри Кабир сарҳад хоҳад буд.

29 Ин аст замине ки ба сибтҳои Исроил ҳамчун мулки ирсӣ тақсим хоҳед кард, ва ин аст ҳиссаҳои онҳо, мегӯяд Худованд Худо.

Дар бораи шаҳр ва дарвозаҳои он.

30 Ва ин аст баромадгоҳҳои шаҳр: дар канори шимолӣ чор ҳазору панҷсад зироъ масофа;

31 Ва дарвозаҳои шаҳр бо номҳои сибтҳои Исроил хонда хоҳад шуд; се дарвоза дар шимол: як дарвозаи Реубен, як дарвозаи Яҳудо, як дарвозаи Левӣ.

32 Ва дар канори шарқӣ чор ҳазору панҷсад зироъ, ва се дарвоза: як дарвозаи Юсуф, як дарвозаи Биньёмин, як дарвозаи Дон.

33 Ва дар канори ҷанубӣ чор ҳазору панҷсад зироъ масофа, ва се дарвоза: як дарвозаи Шимъӯн, як дарвозаи Иссокор, як дарвозаи Забулун.

34 Дар канори ғарбӣ чор ҳазору панҷсад зироъ; дарвозаҳо сето: як дарвозаи Ҷод, як дарвозаи Ошер, як дарвозаи Нафтолӣ.

35 Гирдогирд ҳаждаҳ ҳазор зироъ; ва номи шаҳр аз он рӯз: «Худованд он ҷост» хоҳад буд.