КИТОБИ ДУЮМИ МУСО

ХУРУҶ

1

БОБИ ЯКУМ

Исроил дар Миср.

1 Ва ин аст номҳои банӣ‐Исроил, ки ба Миср омаданд, ҳар яке бо аҳли байти худ ҳамроҳи Яъқуб омаданд.

2 Реубен, Шимъӯн, Левӣ ва Яҳудо,

3 Иссокор, Забулун ва Биньёмин,

4 Дон ва Нафтолӣ, Ҷод ва Ошер.

5 Ва тамоми нуфусе ки аз камари Яъқуб ба вуҷуд омаданд, ҳафтод нафар буданд; ва Юсуф дар Миср буд.

6 Ва Юсуф ва ҳамаи бародаронаш ва тамоми он насл мурданд.

Зери юғи сахти ғуломӣ.

7 Ва банӣ‐Исроил борвар шуданд ва афзоиш ёфтанд, ва сершумор ва ниҳоятдараҷа пурзӯр гардиданд; ва замин аз онҳо пур шуд.

8 Ва подшоҳи наве бар Миср бархост, ки Юсуфро намешинохт,

9 Ва ба қавми худ гуфт: «Инак, қавми банӣ‐Исроил аз мо сершумортар ва пурзӯртаранд.

10 Биеёд, ба зидди онҳо тадбири пурҳикмате биандешем, то ки афзоиш наёбанд; вагар на, вақте ки ҷанге ба вуқӯъ ояд, онҳо низ ба душманони мо ҳамроҳ шуда, ба муқобили мо ҷанг хоҳанд кард, ва аз мамлакат берун хоҳанд рафт».

11 Ва саркорони меҳнати маҷбуриро бар онҳо таъин карданд, то ки онҳоро бо корҳои сахт ба танг оваранд; ва онҳо барои фиръавн шаҳрҳои захираҳо — Фитум ва Раамсисро бино карданд.

12 Вале ҳар қадар зиёдтар онҳоро ба танг меоварданд, ҳамон қадар бештар онҳо афзоиш ёфта, сершумор мегардиданд, ба тавре ки мисриён аз банӣ‐Исроил бим доштанд,

13 Ва банӣ‐Исроилро бо зулму зӯрӣ кор мефармуданд.

14 Ва зиндагонии онҳоро бо меҳнати сахти гилкорӣ ва хиштрезӣ ва бо ҳар кори саҳро талх мегардониданд; ҳар навъ кори худро ба гардани онҳо бо зулму зӯрӣ бор мекарданд.

15 Ва подшоҳи Миср ба дояҳои ибрӣ, ки номи яке Шифро ва номи дигаре Фуо буд, амр фармуда,

16 Гуфт: «Вақте ки занони ибриро мезоёнед, ба сангҳои зоёниш нигоҳ кунед: агар писар бошад, ӯро бикушед, ва агар духтар бошад, — бигзор зинда монад».

17 Вале дояҳо аз Худо тарсиданд, ва он чиро, ки подшоҳи Миср ба онҳо амр фармуда буд, ба амал наоварданд, ва писаронро зинда гузоштанд.

18 Ва подшоҳи Миср дояҳоро хонда, ба онҳо гуфт: «Чаро ин корро кардед, ва писаронро зинда гузоштед?»

19 Ва дояҳо ба фиръавн гуфтанд: «Занони ибрӣ, охир, мисли занони мисрӣ нестанд, балки бақувватанд, ва пеш аз он ки доя назди онҳо биёяд, мезоянд».

20 Ва Худо ба дояҳо марҳамат кард; ва қавм афзоиш ёфта, бағоят пурзӯр гардиданд.

21 Ва азбаски дояҳо аз Худо тарсиданд, Ӯ барояшон аҳли байт ба вуҷуд овард.

22 Ва фиръавн ба тамоми қавми худ амр фармуда, гуфт: «Ҳар писареро, ки таваллуд ёбад, ба наҳр андозед, ва ҳар духтарро зинда нигоҳ доред».

2

БОБИ ДУЮМ

Таваллуди Мусои раҳокунанда.

1 Ва касе аз хонадони Левӣ рафта, духтари левизодаро ба занӣ гирифт.

2 Ва он зан ҳомила шуда, писаре зоид; ва чун ӯро дид, ки зеботалъат аст, ӯро се моҳ пинҳон дошт.

3 Вале натавонист дигар ӯро пинҳон дорад, сабаде аз қамиш барои ӯ гирифт, ва онро бо қир ва зифт андовид, ва бачаро дар он монд, ва онро дар қамишзори лаби наҳр гузошт.

4 Ва хоҳари ӯ аз дур истод, то бидонад, ки ҳоли ӯ чӣ мешавад.

5 Ва духтари фиръавн барои шустушӯй ба наҳр фурӯд омад, ва канизонаш дар соҳили наҳр мегаштанд; вай сабадро андаруни қамишзор дида, канизи худро фиристод, то ки онро бигирад.

6 Ва онро кушода, бачаро дид, ва инак, кӯдак гирья мекард; ва раҳмаш ба ӯ омада, гуфт: «Ин аз бачаҳои ибриён аст».

7 Ва хоҳари ӯ ба духтари фиръавн гуфт: «Оё рафта, зани ширдореро аз занони ибриён назди ту бихонам, то ки бачаро барои ту шир диҳад?»

8 Ва духтари фиръавн ба вай гуфт: «Бирав». Ва он дӯшиза рафта, модари бачаро хонд.

9 Ва духтари фиръавн ба ӯ гуфт: «Ин бачаро бибар, ва ӯро барои ман бимакон, ва ман муздатро хоҳам дод». Ва он зан бачаро гирифта, маконид.

10 Ва бача калон шуд, ва ӯро ба духтари фиръавн овард, ва ӯ барои вай писар шуд; ва ӯро Мусо ном монда, гуфт: «Зеро ки ӯро аз даруни об баровардаам».

Мусо ба қавми худ амин аст.

11 Ва дар он айём чунин воқеъ шуд, ки Мусо калон шуда, назди бародарони худ берун омад, ва корҳои сахти онҳоро мушоҳида намуд; ва марди мисриеро дид, ки марди ибриро, ки аз бародарони ӯ буд, мезанад.

12 Ва ба ҳар тараф назар андохт, ва чун дид, ки касе нест, он мисриро кушта, дар рег пинҳон кард.

13 Ва рӯзи дигар берун омад, ва инак, ду марди ибрӣ ҷидол мекунанд, ва ӯ ба шарир гуфт: «Чаро ёри худро мезанӣ?»

14 Вай гуфт: «Кист, ки туро бар мо сардор ва довар таъин намудааст? Оё ту қасд дорӣ маро бикушӣ, чунон ки он мисриро куштӣ?» Ва Мусо тарсид ва дар дили худ гуфт: «Яқин аст, ки он ҳодиса маълум шудааст».

Гурехтани Мусо ва зан гирифтанаш.

15 Ва фиръавн ин ҳодисаро шунида, мехост Мусоро ба қатл расонад; ва Мусо аз пеши фиръавн гурехта, дар замини Мидьён маскан гирифт, ва назди чоҳе биншаст.

16 Ва коҳини Мидьён ҳафт духтар дошт; ва онхо омаданд, ва об кашида, тағораҳоро пур карданд, то ки рамаи падари худро об диҳанд.

17 Ва чӯпонон омада, онҳоро ҳай карданд; ва Мусо бархоста, онҳоро муҳофизат намуд, ва рамаи онҳоро об дод.

18 Ва онҳо назди падари худ Рауил омаданд; ва ӯ гуфт: «Чӣ тавр шумо имрӯз бо зудӣ омадед?»

19 Ва онҳо гуфтанд: «Марди мисрие моро аз дасти чӯпонон раҳо кард, ва низ барои мо об кашида, рамаро об дод».

20 Ва ӯ ба духтаронаш гуфт: «Пас, вай куҷост? Чаро он мардро тарк кардед? Варо бихонед, то ки нон хӯрад».

21 Ва Мусо розӣ шуд, ки назди он мард маскан гирад; ва ӯ духтари худ Сифӯраро ба Мусо дод.

22 Вай писаре зоид, ва ӯ номашро Ҷершӯн монд, зеро ки гуфт: «Дар замини бегона ғариб будам».

23 Ва чунин воқеъ шуд, ки баъд аз айёми зиёде подшоҳи Миср мурд, ва банӣ‐Исроил аз кори сахт оҳу воҳ карда, фиғон кашиданд, ва истиғосаи онҳо аз кори сахт сӯи Худо баромад.

24 Ва Худо нолаи онҳоро шунид, ва Худо аҳди Худро, ки бо Иброҳим, Исҳоқ ва Яъқуб баста буд, ба ёд овард.

25 Ва Худо ба ҳоли банӣ‐Исроил назар андохт, ва Худо ғамхорӣ намуд.

3

БОБИ СЕЮМ

Даъват шудани Мусо; буттаи фурӯзон.

1 Ва Мусо рамаи падарарӯси худ Йитрӯ, коҳини Мидьёнро мечаронид, ва рамаро ба он тарафи биёбон бурд, ва ба Ҳӯриб, ки кӯҳи Худо бошад, омад.

2 Ва фариштаи Худованд дар алангаи оташ аз миёни хорбуттае ба вай зоҳир шуд; вай дид, ки инак хорбутта дар оташ фурӯзон аст, валекин хорбутта намесӯзад.

3 Ва Мусо гуфт: «Наздик омада, ин манзараи аҷоибро бубинам, ки чаро хорбутта намесӯзад».

4 Ва Худованд дид, ки вай барои дидан наздик меояд, ва Худо аз миёни хорбутта сӯи вай хонда, гуфт: «Мусо, Мусо!» Вай гуфт: «Лаббай!»

5 Ва Ӯ гуфт: «Ба ин ҷо наздик наой; кафшҳоятро аз пойҳоят бикаш, зеро маконе ки ту дар он истодаӣ, замини муқаддас аст».

6 Ва гуфт: «Ман Худои падарат ҳастам, Худои Иброҳим, Худои Исҳоқ ва Худои Яъқуб». Ва Мусо рӯи худро пӯшонид, зеро ки аз нигоҳ кардан ба Худо тарсид.

7 Ва Худованд гуфт: «Мазаллати қавми Худро дар Миср дидам, ва фиғони онҳоро аз дасти зулмкунандагонашон шунидам, ба тавре ки дарду озори онҳоро медонам.

8 Ва фурӯд омадам, то ки онҳоро аз дасти мисриён раҳо кунам, ва онҳоро аз он замин ба замини некӯ ва фарох барорам, ба замине ки шир ва асал дар он ҷорист, яъне ба макони канъониён, ва ҳиттиён, ва амӯриён, ва фариззиён, ва ҳиввиён, ва ябусиён.

9 Ва алҳол, инак истиғосаи банӣ‐Исроил сӯи Ман расидааст; ва низ зулмеро, ки мисриён ба онҳо мекунанд, дидаам.

10 Ва алҳол биё, ки туро назди фиръавн бифиристам, то ки қавми Ман — банӣ‐Исроилро аз Миср берун оварӣ».

11 Ва Мусо ба Худо гуфт: «Ман кистам, ки назди фиръавн равам ва банӣ‐Исроилро аз Миср берун оварам?»

12 Ва Ӯ гуфт: «Ман бо ту хоҳам буд, ва ин аст аломати он ки Ман туро фиристодаам: вақте ки қавмро аз Миср берун оварӣ, Худоро бар ин кӯҳ ибодат хоҳед кард».

Худованд исми Худро эълон менамояд.

13 Ва Мусо ба Худо гуфт: «Инак, ман назди банӣ‐Исроил омада, ба онҳо мегӯям: „Худои падаронатон маро назди шумо фиристодааст“. Ва онҳо ба ман хоҳанд гуфт: „Исми Ӯ чист?“ Ба онҳо чӣ гӯям?»

14 Ва Худо ба Мусо гуфт: «Ман Воҷибулвуҷуд ҳастам». Ва гуфт: «Ба банӣ‐Исроил чунин бигӯ: „Воҷибулвуҷуд маро назди шумо фиристод“».

Хизмати Мусо.

15 Ва Худо боз ба Мусо гуфт: «Ба банӣ‐Исроил чунин бигӯ: „Худованд Худои падаронатон, Худои Иброҳим, Худои Исҳоқ ва Худои Яъқуб, маро назди шумо фиристод“. Ин аст исми Ман то абад, ва ин аст зикри Ман аз насл ба насл.

16 Бирав, ва пирони Исроилро ҷамъ карда, ба онҳо бигӯ: „Худованд Худои падаронатон, Худои Иброҳим, Исҳоқ ва Яъқуб, ба ман зоҳир шуда, гуфт: «Ман шуморо тафаққуд намудаам, ва он чиро, ки дар ҳаққи шумо дар Миср ба амал оварда мешавад, дидаам.

17 Ва гуфтаам: шуморо аз азобу уқубати Миср ба замини канъониён, ва ҳиттиён, ва амӯриён, ва фариззиён, ва ҳиввиён, ва ябусиён хоҳам баровард, ба замине ки шир ва асал дар он ҷорист»“.

18 Ва ба овози ту гӯш хоҳанд дод; ва ту ва пирони Исроил назди подшоҳи Миср рафта, ба вай хоҳед гуфт: „Худованд Худои ибриён ба мо зоҳир шудааст; ва алҳол мо серӯза роҳ ба биёбон хоҳем рафт, то ки барои Худованд Худои худ қурбонӣ кунем“.

19 Ва Ман медонам, ки подшоҳи Миср ба рафтани шумо изн нахохад дод, магар ин ки дасти қавӣ ӯро маҷбур кунад.

20 Ва дасти Худро ёзонида, Мисрро бо тамоми мӯъҷизоти Худ, ки андаруни он ба амал меоварам, зарба хоҳам зад; ва баъд аз он вай шуморо равона хоҳад кард.

21 Ва ин қавмро дар назари мисриён мӯътабар хоҳам гардонид; ва ҳангоме ки биравед, тиҳидаст нахоҳед рафт,

22 Балки ҳар зан аз ҳамсояи худ ва аз сокинаи хонаи худ колои нуқра ва колои тилло ва либос хоҳад пурсид; ва ба писарон ва духтарони худ хоҳед пӯшонид, ва мисриёнро тороҷ хоҳед кард».

4

БОБИ ЧОРУМ

Ба Мусо мӯъҷизакорӣ ато мешавад.

Эроди ӯ: 1. Нобоварии қавм.

1 Ва Мусо ҷавоб дода, гуфт: «Валекин онҳо ба ман бовар нахоҳанд кард, ва ба овози ман гӯш нахоҳанд дод, зеро ки хоҳанд гуфт: „Худованд ба ту зоҳир нашудааст“».

2 Ва Худованд ба вай гуфт: «Ин чист дар дастат?» Вай гуфт: «Асо».

3 Ва Ӯ гуфт: «Онро ба замин парто!» Вай онро ба замин партофт, ва он ба море мубаддал шуд; ва Мусо аз пеши он гурехт.

4 Ва Худованд ба Мусо гуфт: «Дастатро ёзонида, аз думаш бигир». Вай дасташро ёзонида, онро гирифт, ва он дар дасташ ба асо мубаддал шуд.

5 «Ин корро бикун, то бовар кунанд, ки Худованд Худои падаронашон, Худои Иброҳим, Худои Исҳоқ ва Худои Яъқуб ба ту зоҳир шудааст».

6 Ва Худованд боз ба вай гуфт: «Дастатро зери бағалат бимон». Вай дасташро зери бағалаш монд; ва онро баровард, ва инак, дасташ аз махав мисли барф шудааст.

7 Ва Ӯ гуфт: «Дастатро боз ба бағалат бимон». Вай дасташро боз ба бағалаш монд; ва онро аз бағалаш баровард, ва инак, он боз мисли баданаш солим шудааст.

8 «Ва агар онҳо ба ту бовар накунанд, ва ба овози аломати якум гӯш надиҳанд, — ба овози аломати дуюм бовар хоҳанд кард.

9 Вале агар ба ҳар дуи ин аломатҳо ҳам бовар накунанд, ва ба овози ту гӯш надиҳанд, — он гоҳ аз оби наҳр гирифта, бар хушкӣ бирез; ва обе ки аз наҳр гирифтаӣ, бар хушкӣ ба хун мубаддал хоҳад шуд».

Эроди Мусо: 2. Сақав буданаш.

10 Ва Мусо ба Худованд гуфт: «Лутфан, эй Худованд! Ман шахси сухандон нестам, на аз дирӯз, на аз парирӯз, на аз вақте ки Ту ба бандаи Худ сухан гуфтӣ, зеро ки ман тутила ва сақав ҳастам».

11 Ва Худованд ба вай гуфт: «Кист, ки забон ба одам дод? Ё кист, ки гунг, ё кар, ё бино, ё нобиноро офарид? Оё на Ман, ки Худованд ҳастам?

12 Ва алҳол бирав, ва Ман бо забонат хоҳам буд ва туро хоҳам омӯхт, ки чӣ бояд бигӯӣ».

13 Вай гуфт: «Лутфан, эй Худованд, бифирист ба воситаи ҳар каси дигар!»

Ҳорун ба мадади Мусо гузошта шуд.

14 Ва хашми Худованд бар Мусо аланга зад, ва Ӯ гуфт: «Бародарат, охир, Ҳоруни левизода аст; медонам, ки ӯ ба яқин сухан меронад; ва инак, ӯ низ ба истиқболи ту меояд, ва туро дида, дилшод хоҳад шуд.

15 Ва ту бо ӯ сухан ронда, суханонро ба забонаш талқин хоҳӣ кард; ва Ман бо забони ту ва забони ӯ хоҳам буд, ва шуморо хоҳам омӯхт, ки чӣ бояд бикунед.

16 Ва ӯ бо амри ту ба қавм сухан хоҳад ронд; ва ӯ барои ту мисли забон хоҳад буд, ва ту барои ӯ мисли Худо хоҳӣ буд.

17 Ва ин асоро ба дастат бигир, ки ба воситаи он ту аломатҳо ба амал хоҳӣ овард».

18 Ва Мусо рафта, назди падарарӯсаш Йитрӯ баргашт, ва ба вай гуфт: «Ман рафта, назди бародаронам, ки дар Миср мебошанд, бармегардам, то бубинам, ки оё ҳанӯз зинда ҳастанд?» Ва Йитрӯ ба Мусо гуфт: «Ба саломатӣ бирав».

Мусо ба Миср бармегардад ва ба қавм озодиро пешгӯӣ мекунад.

19 Ва Худованд дар Мидьён ба Мусо гуфт: «Рафта, ба Миср баргард, зеро ҳамаи онҳое ки қасди ҷони ту доштанд, мурдаанд».

20 Ва Мусо занаш ва писаронашро гирифта, ба хар савор кард, ва ба замини Миср баргашт; ва Мусо асои Худоро ба дасти худ гирифт.

21 Ва Худованд ба Мусо гуфт: «Вақте ки рафта ба Миср баргаштӣ, диққат намо, ки тамоми мӯъҷизотеро, ки ба дастат супурдаам, ба ҳузури фиръавн ба амал оварӣ; ва Ман дили варо сахт хоҳам кард, то ки қавмро равона накунад.

22 Ва ба фиръавн бигӯ: „Худованд чунин мегӯяд: Исроил писари нахустзодаи Ман аст;

23 Ва ба ту мегӯям: писарамро равона кун, то ки Маро ибодат намояд, ва агар ба равона карданаш розӣ нашавӣ, инак, Ман писари нахустзодаи туро мекушам“».

24 Ва дар миёни роҳ чунин вокеъ шуд, ки дар манзилгоҳ Худованд бо вай вохӯрда, қасди куштани вай кард.

25 Он гоҳ Сифӯра корди сангие гирифта, ғилофаки писари худро бурид, ва онро ба пои Мусо расонида, гуфт: «Ту барои ман шавҳари хун шудӣ».

26 Ва Ӯ аз вай даст кашид. Он гоҳ занаш гуфт: «Шавҳари хун шудӣ, — ба сабаби хатна».

27 Ва Худо ба Ҳорун гуфт: «Ба истиқболи Мусо сӯи биёбон бирав». Вай равона шуд ва назди кӯҳи Худо бо ӯ вохӯрда, ӯро бӯса кард.

28 Ва Мусо ба Ҳорун аз ҳамаи суханони Худованд, ки ӯро фиристода буд, ва аз тамоми аломоте ки ба ӯ амр фармуда буд, хабар дод.

29 Ва Мусо ва Ҳорун рафта, ҳамаи пирони банӣ‐Исроилро ҷамъ карданд.

30 Ва Ҳорун ҳамаи суханонеро, ки Худованд ба Мусо гуфта буд, нақл намуд, ва он аломотро пеши назари қавм ба амал овард.

31 Ва қавм имон оварданд; ва чун фаҳмиданд, ки Худованд банӣ‐Исроилро тафаққуд намуда, мазаллати онҳоро дидааст, онҳо сар хам карда, саҷда бурданд.

5

БОБИ ПАНҶУМ

Мубоҳиса бо фиръавн; зулму ситам дар ҳаққи қавм пурзӯр мешавад.

1 Ва баъд аз ин Мусо ва Ҳорун омада, ба фиръавн гуфтанд: «Худованд Худои Исроил чунин мегӯяд: „Қавми Маро равона кун, то ки барои Ман дар биёбон ид кунанд“».

2 Ва фиръавн гуфт: «Худованд кист, ки ба овозаш гӯш дода, Исроилро равона кунам? Худовандро намешиносам, ва Исроилро низ равона нахоҳам кард».

3 Ва онҳо гуфтанд: «Худои ибриён ба мо зоҳир шудааст; пас мо бояд роҳи серӯзаро дар биёбон тай намуда, барои Худованд Худои худ қурбонӣ кунем, мабодо моро Ӯ бо вабо ё бо шамшер зарба занад».

4 Ва подшоҳи Миср ба онҳо гуфт: «Чаро шумо, эй Мусо ва Ҳорун, қавмро аз корҳошон бозмедоред? Ба корубори худ биравед».

5 Ва фиръавн гуфт: «Инак, алҳол қавми мамлакат сершуморанд, ва шумо онҳоро аз корҳошон бозмедоред».

6 Ва фиръавн дар он рӯз ба корфармоёни қавм ва ба нозирони онҳо амр фармуда, гуфт:

7 «Минбаъд ба қавм барои хиштрезӣ, мисли пештара, коҳ надиҳед; бигзор худашон рафта, барои худ коҳ ҷамъ кунанд.

8 Ва ҳамон миқдори хиштҳоро, ки онҳо пештар мерехтанд, ба гардани онҳо бор кунед, онро ба ҳеҷ ваҷҳ кам накунед, зеро ки онҳо танбаланд, бинобар ин дод зада мегӯянд: „Биравем, то ки барои Худои худ қурбонӣ кунем“.

9 Бигзор меҳнати ин одамон сахттар шавад, то ки бо он банд шуда, барои суханони бекора фурсат наёбанд».

10 Ва корфармоёни қавм ва нозирони онҳо берун омаданд, ва ба қавм сухан ронда, гуфтанд: «Фиръавн чунин мегӯяд: „Ба шумо коҳ намедиҳам;

11 Худатон рафта, коҳ барои худ аз ҳар ҷо, ки биёбед, бигиред; ва аз кори шумо чизе кам нахоҳад шуд“».

12 Ва қавм дар тамоми замини Миср пароканда шуданд, то ки ба ҷои коҳ хасу хошок ҷамъ кунанд.

13 Ва корфармоён шитоб кунонида, мегуфтанд: «Корҳои худро ба миқдори ҳаррӯза, мисли он замоне ки коҳ буд, иҷро кунед».

14 Ва нозиронеро, ки аз банӣ‐Исроил бар онҳо корфармоёни фиръавн таъин карда буданд, мезаданд ва мегуфтанд: «Чаро миқдори хиштрезии худро ҳам дирӯз ва ҳам имрӯз мисли пештара иҷро накардед?»

15 Ва нозирони банӣ‐Исроил омаданд, ва назди фиръавн шикоят карда, гуфтанд: «Чаро ба бандагонат чунин рафтор мекунӣ?

16 Коҳ ба бандагонат намедиҳанд, вале ба мо мегӯянд: „Хишт бирезед!“ Ва инак, бандагонатро мезананд, ва ин гуноҳи қавми туст».

17 Ва ӯ гуфт: «Шумо танбал ҳастед, танбал; бинобар ин шумо мегӯед: „Биравем, то ки барои Худованд қурбонӣ кунем“;

18 Ва алҳол рафта, кор кунед! Ва коҳ ба шумо дода нахоҳад шуд, ва миқдори хиштҳоро хоҳед дод».

19 Ва нозирони банӣ‐Исроил худро гирифтори мусибат диданд, чунки фиръавн гуфт: «Аз миқдори ҳаррӯзаи хиштҳои худ ба ҳеҷ ваҷҳ кам накунед».

20 Ва ҳангоме ки аз пеши фиръавн берун омаданд, бо Мусо ва Ҳорун вохӯрданд, ки дар рӯ ба рӯяшон истода буданд.

21 Ва ба онҳо гуфтанд: «Бигзор Худованд шуморо бубинад ва доварӣ намояд, аз барои он ки моро дар назари фиръавн ва навкаронаш нафратангез гардонида, шамшер ба дасташон додаед, то ки моро бикушанд».

22 Ва Мусо сӯи Худованд руҷӯъ намуда, гуфт: «Худовандо, чаро ин қавмро гирифтори мусибат кардӣ? Барои чӣ маро фиристодӣ?

23 Зеро аз вақте ки ман назди фиръавн омадам, то ки аз исми Ту сухан ронам, муносибати вай ба ин қавм бадтар шудааст, валекин Ту қавми Худро раҳо накардӣ».

6

БОБИ ШАШУМ

Ҷавоби Худованд ба илтимоси якуми Мусо.

1 Ва Худованд ба Мусо гуфт: «Алҳол хоҳӣ дид, ки Ман ба фиръавн чиҳо мекунам; зеро ки бо амали дасти қавии Ман вай онҳоро равона хоҳад кард, ва бо амали дасти қавии Ман онҳоро аз замини худ бадар хоҳад ронд».

2 Ва Худо ба Мусо сухан ронда, ба ӯ гуфт: «Ман Худованд ҳастам.

3 Ман ба Иброҳим, Исҳоқ ва Яъқуб бо исми „Худои Қодир“ зоҳир шудам, вале бо исми Худ „Худованд“ ба онҳо маъруф нашудаам.

4 Ва низ аҳди Худро бо онҳо бастам, то ки замини Канъонро ба онҳо диҳам, яъне замини сукунати онҳоро, ки дар он сокин буданд.

5 Ва Ман низ нолаи банӣ‐Исроилро шунидам, ки мисриён онҳоро гирифтори асорат кардаанд; ва Ман аҳди Худро ба ёд овардам.

6 Бинобар ин ба банӣ‐Исроил бигӯ: „Ман Худованд ҳастам, ва шуморо аз зери ситамҳои мисриён берун хоҳам овард, ва шуморо аз бандагии онҳо раҳо хоҳам кард, ва шуморо бо бозуи тӯлонӣ ва бо довариҳои азим наҷот хоҳам дод.

7 Ва шуморо хоҳам гирифт, то ки барои Ман қавм бошед, ва Ман барои шумо Худо хоҳам буд; ва шумо хоҳед донист, ки Ман Худованд Худои шумо ҳастам, ки шуморо аз зери ситамҳои мисриён берун овардам.

8 Ва шуморо ба замине хоҳам овард, ки дар бораи он даст боло карда қасам хӯрдаам, ки онро ба Иброҳим, Исҳоқ ва Яъқуб диҳам, ва онро ба шумо мерос хоҳам дод; Ман Худованд ҳастам“».

9 Ва Мусо ба банӣ‐Исроил ба ин мазмун сухан ронд; вале онҳо ба сабаби шикастадилӣ ва меҳнати сахт ба Мусо гӯш надоданд.

10 Ва Худованд ба Мусо сухан ронда, гуфт:

11 «Рафта, ба фиръавн, подшоҳи Миср, бигӯ, ки банӣ‐Исроилро аз замини худ равона кунад».

12 Ва Мусо ба ҳузури Худованд сухан ронда, гуфт: «Инак, банӣ‐Исроил ба ман гӯш надоданд, пас чӣ гуна фиръавн ба ман гӯш хоҳад дод? Ва ҳол он ки ман даҳанбаста ҳастам».

13 Ва Худованд ба Мусо ва Ҳорун сухан ронда, онҳоро сӯи банӣ‐Исроил ва сӯи фиръавн, подшоҳи Миср, муваккал намуд, то ки банӣ‐Исроилро аз замини Миср берун оваранд.

Насабномаи сибтҳои Исроил.

14 Инҳоянд сардорони хонаводаҳои онҳо: писарони Реубен, нахустзодаи Исроил: Ҳанӯх ва Фаллу, Ҳесрӯн ва Кармӣ; инҳоянд хонаводаҳои Реубен.

15 Ва писарони Шимъӯн: Ямуил, ва Ёмин, ва Ӯҳад, ва Ёкин, ва Сӯҳар, ва Шоул, писари канъония; инҳоянд хонаводаҳои Шимъӯн.

16 Ва ин аст номҳои писарони Левӣ бар ҳасби наслҳошон: Ҷершӯн, ва Қаҳот, ва Марорӣ. Ва солҳои умри Левӣ: саду сию ҳафт сол.

17 Писарони Ҷершӯн: Либнӣ ва Шимъӣ бар ҳасби хонаводаҳошон.

18 Ва писарони Қаҳот: Амром, ва Йисҳор, ва Ҳебрӯн, ва Узиил. Ва солҳои умри Қаҳот: саду сию се сол.

19 Ва писарони Марорӣ: Маҳлӣ ва Мушӣ. Инҳоянд хонаводаҳои Левӣ бар ҳасби наслҳошон.

20 Ва Амром аммаи худ Юкобадро барои худ ба занӣ гирифт, ва вай барои ӯ Ҳорун ва Мусоро зоид; ва солҳои умри Амром: саду сию ҳафт сол.

21 Ва писарони Йисҳор: Қӯраҳ ва Нофаҷ, ва Зикрӣ.

22 Ва писарони Узиил: Мишоил, ва Элсофон, ва Ситрӣ.

23 Ва Ҳорун Элишобаъ бинти Аминодоб, хоҳари Наҳшӯнро барои худ ба занӣ гирифт; ва вай барои ӯ Нодоб, ва Абиҳу, ва Элъозор, ва Итоморро зоид.

24 Ва писарони Қӯраҳ: Ассир, ва Элқоно, ва Абиософ; инҳоянд хонаводаҳои қӯраҳиён.

25 Ва Элъозор ибни Ҳорун барои худ аз духтарони Футиил ба занӣ гирифт, ва вай барои ӯ Финҳосро зоид. Инҳоянд сардорони хонаводаҳои левизодагон бар ҳасби наслҳошон.

26 Ҳамин Ҳорун ва Мусо буданд, ки Худованд ба онҳо гуфт: «Банӣ‐Исроилро бар ҳасби фавҷҳошон аз замини Миср берун оваред».

27 Ҳаминҳо буданд, ки ба фиръавн, подшоҳи Миср, сухан ронданд, то ки банӣ‐Исроилро аз Миср берун оваранд; ҳамин Мусо ва Ҳорун буданд.

Худованд боз Мусоро мефиристад. Ба фиръавн рӯ овардани ӯ.

28 Ва дар рӯзе ки Худованд ба Мусо дар замини Миср сухан ронд, —

29 Худованд ба Мусо сухан ронда, гуфт: «Ман Худованд ҳастам; ҳар он чиро, ки Ман ба ту мегӯям, ба фиръавн, подшоҳи Миср, бигӯ».

30 Ва Мусо ба ҳузури Худованд гуфт: «Инак, ман даҳанбаста ҳастам; пас, чӣ гуна фиръавн ба ман гӯш хоҳад дод?»

7

БОБИ ҲАФТУМ

1 Ва Худованд ба Мусо гуфт: «Бубин, Ман туро барои фиръавн Худо сохтаам, ва бародарат Ҳорун набии ту хоҳад буд.

2 Ҳар он чиро, ки Ман ба ту амр фармоям, ту ба забон хоҳӣ ронд, ва бародарат Ҳорун онро ба фиръавн хоҳад гуфт, то ки вай банӣ‐Исроилро аз замини худ равона кунад.

3 Ва Ман дили фиръавнро сахт хоҳам кард; ва аломот ва мӯъҷизоти Худро дар замини Миср афзун хоҳам намуд.

4 Ва фиръавн ба шумо гӯш нахоҳад дод, ва Ман дасти Худро бар Миср хоҳам андохт, то ки фавҷҳои Худ ва қавми Худ, яъне банӣ‐Исроилро аз замини Миср бо довариҳои азим берун оварам.

5 Ва мисриён хоҳанд донист, ки Ман Худованд ҳастам, вақте ки дасти Худро бар Миср дароз карда, банӣ‐Исроилро аз миёни онҳо берун меоварам».

6 Ва Мусо ва Ҳорун ба амал оварданд; чунон ки Худованд ба онҳо амр фармуда буд, ончунон амал карданд.

7 Ва Мусо ҳаштодсола буд, ва Ҳорун ҳаштоду сесола, вақте ки онҳо ба фиръавн сухан ронданд.

8 Ва Худованд ба Мусо ва Ҳорун сухан ронда, гуфт:

9 «Агар фиръавн ба шумо сухан ронда, гӯяд: „Мӯъҷизае ҳамчун далели худ нишон диҳед“, он гоҳ ба Ҳорун бигӯ: „Асои худро гирифта, пеши фиръавн парто, — он ба море мубаддал хоҳад шуд“».

Бори дуюм ба фиръавн рӯ оварданашон; мӯъҷизаи якум.

10 Ва Мусо ва Ҳорун назди фиръавн омаданд, ва чунон ки Худованд амр фармуда буд, ончунон амал карданд, ва Ҳорун асои худро пеши фиръавн ва пеши навкаронаш партофт, ва он ба море мубаддал шуд.

11 Ва фиръавн низ ҳакимон ва ҷодугаронро даъват намуд, ва онҳо, афсунгарони Миср, низ бо сеҳрҳои худ чунин карданд.

12 Ҳар яке асояшро партофт, ва он ба море мубаддал шуд; вале асои Ҳорун асоҳои онҳоро фурӯ бурд.

13 Ва дили фиръавн сахт шуд, ва ӯ ба онҳо гӯш надод, чунон ки Худованд гуфта буд.

Бори сеюм ба фиръавн рӯ оварданашон; мӯъҷизаи дуюм.

14 Ва Худованд ба Мусо гуфт: «Дили фиръавн сахт шудааст; вай намехоҳад қавмро равона кунад.

15 Бомдодон назди фиръавн бирав; инак, вай сӯи об берун меояд, ва ту барои истиқболи вай дар соҳили наҳр биист; ва он асоро, ки ба мор мубаддал шуд, ба дасти худ бигир.

16 Ва ба вай бигӯ: „Худованд, Худои ибриён, маро назди ту фиристода, гуфт: «қавми маро равона кун, то ки Маро дар биёбон ибодат намоянд; ва инак, то алҳол ту гӯш надодӣ.

17 Худованд чунин мегӯяд: аз ин хоҳӣ донист, ки Ман Худованд ҳастам: инак, Ман бо асое ки дар дастам ҳаст, оби наҳрро мезанам, ва он ба хун мубаддал хоҳад шуд;

18 Ва моҳиёне ки дар наҳр ҳастанд, хоҳанд мурд, ва наҳр бадбӯй хоҳад шуд, ва мисриён аз нӯшидани оби наҳр нафрат хоҳанд кард»“».

19 Ва Худованд ба Мусо гуфт: «Ба Ҳорун бигӯ: „Асои худро бигир ва дасти худро бар обҳои мисриён, бар наҳрҳои онҳо, бар ҷӯйҳои онҳо, бар кӯлҳои онҳо ва бар ҳар обанбори онҳо дароз кун, — ва ба хун мубаддал хоҳанд шуд; ва дар тамоми замини Миср, ва дар зарфҳои чӯбин ва сангин хун хоҳад буд“».

20 Ва Мусо ва Ҳорун ончунон, ки Худованд амр фармуда буд, карданд: асоро бардошта, оби наҳрро пеши назари фиръавн ва пеши назари навкаронаш зад; ва тамоми оби наҳр ба хун мубаддал шуд.

21 Ва моҳиёне ки дар наҳр буданд, мурданд, ва наҳр бадбӯй шуд, ва мисриён натавонистанд аз наҳр об нӯшанд, ва дар тамоми замини Миср хун буд.

22 Ва афсунгарони Миср ҳам бо сеҳрҳои худ чунин карданд; ва дили фиръавн сахт шуд, ва ба онҳо гӯш надод, чунон ки Худованд гуфта буд.

23 Ва фиръавн тоб хӯрда, ба хонаи худ омад, ва ин ҳам ба дили ӯ асаре набахшид.

24 Ва ҳамаи мисриён гирдогирди наҳр чоҳ меканданд, то ки обе барои нӯшидан пайдо кунанд, чунки аз оби наҳр наметавонистанд нӯшанд.

25 Ва баъд аз он ки Худованд наҳрро зарба зад, ҳафт рӯз пур шуд.

8

БОБИ ҲАШТУМ

Бори чорум ба фиръавн рӯ оварданашон; мӯъҷизаи сеюм.

1 Ва Худованд ба Мусо гуфт: «Назди фиръавн рафта, ба вай бигӯ: „Худованд чунин мегӯяд: қавми Маро равона кун, то ки Маро ибодат намоянд.

2 Ва агар ту ба равона кардани онҳо розӣ нашавӣ, инак, Ман тамоми ҳудуди туро бо қурбоққаҳо зарба мезанам;

3 Ва наҳр аз қурбоққаҳо пур мешавад, ва онҳо баромада ба хонаат, ва ба ҳуҷраи хобат, ва бар бистарат, ва ба хонаҳои навкаронат ва қавмат, ва ба танӯрҳоят, ва ба тағораҳои хамират дохил хоҳанд шуд;

4 Ва бар ту, ва бар қавмат, ва бар ҳамаи навкаронат қурбоққаҳо хоҳанд баромад“».

5 Ва Худованд ба Мусо гуфт: «Ба Ҳорун бигӯ: „Дасти худро бо асои худ бар наҳрҳо, бар чӯйҳо ва бар кӯлҳо дароз кун, ва қурбоққаҳоро бар замини Миср барор“».

6 Ва Ҳорун дасти худро бар обҳои Миср дароз кард, ва қурбоққаҳо баромада, замини Мисрро пӯшониданд.

7 Ва афсунгарон ҳам бо сеҳрҳои худ чунин карданд, ва қурбоққаҳоро бар замини Миср бароварданд.

8 Ва фиръавн Мусо ва Ҳорунро даъват намуда, гуфт: «Сӯи Худованд дуо гӯед, то ки қурбоққаҳоро аз ман ва аз қавми ман дур созад; ва ман қавмро равона хоҳам намуд, то ки барои Худованд қурбонӣ кунанд».

9 Ва Мусо ба фиръавн гуфт: «Худат ба ман муқаррар намо, ки кай барои ту ва навкаронат ва қавмат дуо гӯям, то ки қурбоққаҳо аз ту ва аз хонаҳоят нест шуда, фақат дар наҳр бимонанд?»

10 Вай гуфт: «Фардо». Мусо гуфт: «Аз рӯи гуфтаи ту хоҳад шуд, то бидонӣ, ки мисли Худованд Худои мо нест;

11 Ва қурбоққаҳо аз ту, ва аз хонаат, ва аз навкаронат, ва аз қавмат дур шуда, фақат дар наҳр боқӣ хоҳанд монд».

Мӯъҷизаи чорум.

12 Ва Мусо ва Ҳорун аз пеши фиръавн берун омаданд, ва Мусо сӯи Худованд дар хусуси қурбоққаҳое ки Ӯ ба зидди фиръавн фиристода буд, илтиҷо намуд.

13 Ва Худованд мувофиқи сухани Мусо амал кард, ва қурбоққаҳо дар хонаҳо, ҳавлиҳо ва саҳроҳо мурданд;

14 Ва онҳоро тӯда‐тӯда ҷамъ карданд; ва замин бадбӯй шуд.

15 Вале фиръавн дид, ки аҳвол сабук шуд, — ва ӯ дили худро сахт кард, ва ба онҳо гӯш надод, чунон ки Худованд гуфта буд.

Мӯъҷизаи панҷум.

16 Ва Худованд ба Мусо гуфт: «Ба Ҳорун бигӯ: „Асои худро дароз кун ва ғубори заминро бизан, ва он дар тамоми замини Миср ба пашшаи хокӣ мубаддал хоҳад шуд“».

17 Ва онҳо чунин карданд: Ҳорун дасти худро бо асои худ дароз карда, ғубори заминро зад, — ва пашшаи хокӣ бар одамон ва чорпоён пайдо шуд; тамоми ғубори замин дар тамоми замини Миср ба пашшаи хокӣ мубаддал шуд.

18 Ва афсунгарон бо сеҳрҳои худ чунин карданд, то ки пашшаи хокиро берун оваранд, валекин натавонистанд. Ва пашшаи хокӣ бар одамон ва чорпоён буд.

19 Ва афсунгарон ба фиръавн гуфтанд: «Ин ангушти Худост». Вале дили фиръавн сахт шуд, ва ӯ ба онҳо гӯш надод, чунон ки Худованд гуфта буд.

Бори панҷум ба фиръавн рӯ оварданашон; мӯъҷизаи шашум.

20 Ва Худованд ба Мусо гуфт: «Бомдодон бармаҳал бархоста, ба хузури фиръавн биист. Инак, вай сӯи об берун меояд, ва ту ба вай бигӯ: „Худованд чунин мегӯяд: қавми Маро равона кун, то ки Маро ибодат намоянд.

21 Зеро, агар қавми Маро равона накунӣ, инак, Ман бар ту ва навкаронат ва қавмат ва хонаҳоят магасҳои гуногунро мефиристам, ва хонаҳои мисриён, ва низ замине ки онҳо бар он сокинанд, аз он магасҳо пур хоҳад шуд.

22 Ва дар он рӯз замини Ҷӯшанро, ки қавми Ман дар он сокинанд, ҷудо хоҳам кард, ва дар он ҷо магасҳо нахоҳад буд, то бидонӣ, ки Ман андаруни ин замин Худованд ҳастам.

23 Ва тафовуте дар миёни қавми Худ ва қавми ту барқарор хоҳам намуд; фардо ин аломат ба амал хоҳад омад“».

24 Ва Худованд чунин кард; ва магасҳои зиёде ба хонаи фиръавн, ва ба хонаҳои навкаронаш, ва ба тамоми замини Миср омад, ва замин аз дасти магасҳо нобуд шуд.

25 Ва фиръавн Мусо ва Ҳорунро даъват намуда, гуфт: «Биравед ва барои Худои худ дар ин замин қурбонӣ кунед».

26 Вале Мусо гуфт: «Чунин кардан мумкин нест, зеро чизҳои зишти+ 8:26 Гов, гӯсфанд, буз ва чорпоёни дигар дар назар дошта шудааст, ки мисриён онхоро ҳайвоноти муқаддас дониста, мисли бут парастиш мекарданд. мисриёнро мо барои Худованд Худои худ қурбонӣ мекунем; инак, вақте ки чизҳои зишти мисриёнро пеши назари онҳо қурбонӣ кунем, оё онҳо моро сангсор намекунанд?

27 Мо роҳи серӯзаро дар биёбон тай намуда, барои Худованд Худои худ қурбонӣ хоҳем кард, чунон ки Ӯ ба мо амр фармудааст».

28 Ва фиръавн гуфт: «Ман шуморо равона хоҳам кард, то ки барои Худованд Худои худ дар биёбон қурбонӣ кунед, аммо бисьёр дур наравед; барои ман ҳам дуо гӯед!»

29 Ва Мусо гуфт: «Инак, ман аз пеши ту берун омада, сӯи Худованд дуо мегӯям, — ва он магасҳо аз фиръавн ва навкаронаш ва қавмаш фардо дур хоҳад шуд, фақат ин ки фиръавн бори дигар фиреб дода, аз равона кардани қавм, то ки барои Худованд қурбонӣ кунанд, рӯй нагардонад».

Мӯъҷизаи ҳафтум.

30 Ва Мусо аз пеши фиръавн берун омада, сӯи Худованд дуо гуфт.

31 Ва Худованд мувофиқи суханони Мусо амал намуда, магасҳоро аз фиръавн ва навкаронаш ва қавмаш дур кард; як адад ҳам аз он боқӣ намонд.

32 Вале фиръавн ҳамин дафъа ҳам дили худро сахт кард, ва қавмро равона накард.

9

БОБИ НӮҲУМ

Низоъ бо фиръавн; бори шашум ба вай рӯ оварданашон;

мӯъҷизаи ҳаштум.

1 Ва Худованд ба Мусо гуфт: «Назди фиръавн рафта, ба вай бигӯ: „Худованд Худои ибриён чунин мегӯяд: қавми Маро равона кун, то ки Маро ибодат намоянд.

2 Зеро, агар ту аз равона кардани онҳо рӯй гардонӣ ва онҳоро боз нигоҳ дорӣ,

3 Инак, дасти Худованд бар чорвои ту, ки дар саҳро мебошад, бар аспон, харон, шутурон, говон ва гӯсфандон хоҳад буд, — вабои бағоят сахт рӯй хоҳад дод;

4 Ва Худованд дар миёни чорвои исроилиён ва чорвои мисриён тафовуте барқарор хоҳад кард, ва аз ҳар он чи банӣ‐Исроил доранд, чизе нахоҳад мурд“».

5 Ва Худованд мӯҳлате муайян намуда, гуфт: «Фардо Худованд инро дар ин замин ба амал хоҳад овард».

6 Ва Худованд инро фардои он ба амал овард, ва тамоми чорвои мисриён мурд; вале аз чорвои банӣ‐Исроил як адад ҳам намурд.

7 Ва фиръавн фиристод, ва инак, аз чорвои исроилиён як адад ҳам намурда буд; ва дили фиръавн сахт шуд, ва ӯ қавмро равона накард.

Мӯъҷизаи нӯҳум.

8 Ва Худованд ба Мусо ва Ҳорун гуфт: «Барои худ муштҳои пур аз хокистари хумдон бигиред, ва Мусо онро пеши назари фиръавн сӯи осмон партояд, —

9 Ва он дар тамоми замини Миср ба ғубор мубаддал гардида, бар одамон ва чорпоён варами думбалдоре дар тамоми замини Миср паҳн хоҳад шуд».

10 Ва онҳо хокистари хумдонро гирифта, ба хузури фиръавн истоданд, ва Мусо онро сӯи осмон партофт, — ва варами думбалдоре пайдо гардида, бар одамон ва чорпоён паҳн шуд.

11 Ва афсунгарон натавонистанд ба сабаби варам пеши Мусо истодагӣ намоянд, зеро ки варам бар афсунгарон ва бар ҳамаи мисриён буд.

12 Ва Худованд дили фиръавнро сахт кард, ва ӯ ба онҳо гӯш надод, чунон ки Худованд ба Мусо гуфта буд.

Бори ҳафтум ба фиръавн рӯ оварданашон; мӯъҷизаи даҳум.

13 Ва Худованд ба Мусо гуфт: «Бомдодон бармаҳал бархоста, ба ҳузури фиръавн биист, ва ба вай бигӯ: „Худованд Худои ибриён чунин мегӯяд: қавми Маро равона кун, ки маро ибодат намоянд.

14 Зеро ки ҳамин дафъа Ман ҳамаи захмҳои Худро бар дили ту, ва бар навкаронат ва қавмат хоҳам фиристод, то бидонӣ, ки дар тамоми замин монанди Ман нест.

15 Агар алҳол дасти Худро дароз карда, ту ва қавматро бо вабое мезадам, ту аз рӯи замин маҳв мешудӣ,

16 Валекин барои он туро боқӣ гузоштам, ки қуввати Худро ба ту нишон диҳам, ва исми Ман дар тамоми дуньё шӯҳрат ёбад.

17 Ту ҳанӯз қавми Маро ба танг меоварӣ, ва онҳоро равона намекунӣ.

18 Инак, Ман фардо дар ҳамин вақт жолаи бағоят сахт хоҳам боронид, ки мисли он дар Миср аз рӯзи барпо шуданаш то алҳол наборидааст.

19 Ва алҳол фиристода, тамоми чорвои худ ва ҳар чиро, ки дар саҳро дорӣ, ҷамъ кун, зеро ҳар одам ва чорпое ки дар саҳро бошад, ва ба хона ҷамъ карда бурда нашавад, бар онҳо жола борида, онҳо хоҳанд мурд“».

20 Ҳар касе ки аз навкарони фиръавн аз каломи Худованд тарсид, навкаронаш ва чорвояшро ба хонаҳо гурезонид.

21 Вале ҳар касе ки ба каломи Худованд аҳамият надод, навкаронаш ва чорвояшро дар саҳро вогузошт.

22 Ва Худованд ба Мусо гуфт: «Дасти худро сӯи осмон дароз кун, ва дар тамоми замини Миср бар одамон ва чорпоён ва бар тамоми набототи саҳро дар замини Миср жола хоҳад борид».

23 Ва Мусо асои худро сӯи осмон дароз кард, — ва Худованд раъд ва жола дод, ва барқи осмон бар замин фурӯд омад, ва Худованд ба замини Миср жола боронид.

24 Ва жола буд, ва барқ буд, ки андаруни жола забона мезад, ва жола бағоят сахт буд, ки мисли он дар тамоми замини Миср, аз замоне ки мулки халқе шуда буд, наборидааст.

25 Ва жола дар тамоми замини Миср ҳар он чиро, ки дар саҳро буд, аз одамон то чорпоён зад; ва тамоми набототи саҳроро жола зад, ва ҳар дарахти саҳроро шикаст.

26 Фақат дар замини Ҷӯшан, ки он ҷо банӣ‐Исроил буданд, жола набуд.

27 Ва фиръавн фиристода, Мусо ва Ҳорунро даъват намуд, ва ба онҳо гуфт: «Ҳамин дафъа гуноҳ кардаам; Худованд одил аст, ва ман ва қавмам шарир ҳастем;

28 Сӯи Худованд дуо гӯед, то ки раъдҳои Худо ва жола хотима ёбад; ва ман шуморо равона хоҳам кард, ва шумо дигар дер нахоҳед монд».

29 Ва Мусо ба вай гуфт: «Ҳамин ки аз шаҳр берун равам, дастҳоямро сӯи Худованд дароз хоҳам кард; раъдҳо хотима ёфта, жола дигар нахоҳад борид, то бидонӣ, ки замин аз они Худованд аст.

30 Валекин медонам, ки ту ва навкаронат ҳанӯз аз Худованд Худо наметарсед».

31 Ва зағир ва ҷав зарар дид, зеро ки ҷав хӯша баста буд, ва зағир поя бароварда буд.

32 Вале гандум ва ҷуворӣ зарар надид, зеро ки онҳо дерпаз аст.

33 Ва Мусо аз пеши фиръавн аз шаҳр берун рафта, дастҳояшро сӯи Худованд дароз кард; ва раъдҳо ва жола хотима ёфт, ва борон бар замин наборид.

34 Ва фиръавн дид, ки борон ва жола ва раъдҳо хотима ёфт, гуноҳ карданашро давом дода, дили худро сахт кард, — ҳам худаш ва ҳам навкаронаш.

35 Ва дили фиръавн сахт шуд, ва ӯ банӣ‐Исроилро равона накард, чунон ки Худованд ба воситаи Мусо гуфта буд.

10

БОБИ ДАҲУМ

Бори ҳаштум ба фиръавн рӯ оварданашон.

1 Ва Худованд ба Мусо гуфт: «Назди фиръавн бирав, зеро ки Ман дили ӯ ва дили навкаронашро сахт кардаам, барои он ки аломоти Худро дар миёни онҳо зоҳир намоям,

2 Ва барои он ки ту он чиро, ки Ман дар Миср ба амал овардам, ва аломотеро, ки дар миёни онҳо зоҳир намудам, ба гӯши писарат ва писари писарат ҳикоят кунӣ, то бидонед, ки Ман Худованд ҳастам».

3 Ва Мусо ва Ҳорун назди фиръавн омада, ба вай гуфтанд: «Худованд, Худои ибриён чунин мегӯяд: „То ба кай аз гардан фуровардан ба ҳузури Ман рӯй мегардонӣ? Қавми Маро равона кун, то ки Маро ибодат намоянд.

4 Зеро, агар ту аз равона кардани қавми Ман рӯй гардонӣ, инак, Ман фардо ба ҳудуди ту малах меоварам,

5 Ва рӯи заминро тавре хоҳад пӯшонид, ки кас заминро натавонад бубинад; ва бақияи он чиро, ки аз жола раҳо шуда, барои шумо саломат мондааст, хоҳад хӯрд, ва ҳар дарахтеро, ки барои шумо сабзидааст, аз саҳро хоҳад хӯрд.

6 Ва хонаҳои ту ва хонаҳои ҳамаи навкаронат ва хонаҳои ҳамаи мисриёнро пур хоҳад кард, — ба тавре ки падаронат ва падарони падаронат аз рӯзе ки бар замин вуҷуд доранд, то имрӯз надидаанд“». Ва ӯ пушт гардонида, аз пеши фиръавн баромад.

7 Ва навкарони фиръавн ба вай гуфтанд: «То ба кай ин одам барои мо санги роҳ бошад? Ин одамонро равона кун, то ки Худованд Худои худро ибодат намоянд; магар ҳанӯз ту надонистаӣ, ки Миср ба ҳалокат мерасад»?

8 Ва Мусо ва Ҳорунро назди фиръавн баргардониданд, ва вай ба онҳо гуфт: «Биравед, Худованд Худои худро ибодат намоед; пас, кист ва кист, ки равона мешавад?»

9 Ва Мусо гуфт: «Бо ҷавонон ва пирони худ хоҳем рафт, бо писарон ва духтарони худ, бо гӯсфандон ва говони худ хоҳем рафт, зеро ки иди Худованд аст барои мо».

10 Вай ба онҳо гуфт: «Бигзор Худованд бо шумо ончунон бошад, чунон ки ман шуморо бо кӯдаконатон равона кунам! Барҳазар бошед, зеро ки бадӣ шуморо дар пеш аст!

11 Чунин нахоҳад шуд! Фақат шумо, мардон, биравед ва Худовандро ибодат намоед, зеро ки шумо инро хоҳон будед». Ва онҳоро аз пеши фиръавн бадар ронданд.

Мӯъҷизаи ёздаҳум.

12 Ва Худованд ба Мусо гуфт: «Дасти худро бар замини Миср барои малах дароз кун, то ки он бар замини Миср баромада, тамоми набототи заминро, ки аз жола боқӣ мондааст, бихӯрад».

13 Ва Мусо асои худро бар замини Миср дароз кард, ва Худованд тамоми он рӯз ва тамоми шаб боди шарқиро бар замин вазонид; вақте ки субҳ дамид, боди шарқӣ малахро овард.

14 Ва малах бар тамоми замини Миср баромада, дар тамоми ҳудуди Миср қарор гирифт, ки он бағоят бисьёр буд; пеш аз он чунин малах набуд, ва баъд аз он чунин нахоҳад буд.

15 Ва рӯи тамоми заминро пӯшонид, ва замин торик шуд, ва тамоми набототи замин ва тамоми меваи дарахтонро, ки аз жола боқӣ монда буд, хӯрд; ва ҳеҷ сабзае бар дарахтон ва бар набототи саҳро дар тамоми замини Миср боқӣ намонд.

16 Ва фиръавн шитобон Мусо ва Ҳорунро даъват намуда, гуфт: «Пеши Худованд Худои шумо ва пеши шумо гуноҳ кардаам;

17 Ва алҳол, лутфан, ҳамин дафъа ҳам гуноҳи маро афв кунед, ва сӯи Худованд Худои худ дуо гӯед, то ки фақат ин маргро аз ман дур созад».

18 Ва аз пеши фиръавн берун омада, сӯи Худованд дуо гуфт.

19 Ва Худованд боди ғарбии бағоят сахте ба вуҷуд овард, ки малахро бардошта бурда, ба баҳри Қулзум андохт; дар тамоми ҳудуди Миср як адад ҳам малах намонд.

20 Вале Худованд дили фиръавнро сахт кард, ва вай банӣ‐Исроилро равона накард.

Мӯъҷизаи дувоздаҳум.

21 Ва Худованд ба Мусо гуфт: «Дасти худро сӯи осмон дароз кун, то ки бар замини Миср торикӣ ба вуҷуд ояд, торикие ки онро ламс кардан мумкин бошад».

22 Ва Мусо дасти худро сӯи осмон дароз кард, ва дар тамоми замини Миср торикии ғализе се рӯз ба миён омад.

23 Якдигарро намедиданд, ва касе аз ҷои худ се рӯз барнахост; валекин барои банӣ‐Исроил дар масканҳошон рӯшноӣ буд.

24 Ва фиръавн Мусоро даъват намуда, гуфт: «Биравед ва Худовандро ибодат намоед, фақат рамаҳои гӯсфандон ва говони шумо бимонад, кӯдакони шумо низ бо шумо бираванд».

25 Вале Мусо гуфт: «Ту низ ба дасти мо қурбониҳои саломатӣ ва қурбониҳои сӯхтанӣ бидеҳ, то ки барои Худованд Худои худ тақдим кунем.

26 Чорвои мо низ бо мо хоҳад рафт, як суме боқӣ нахоҳад монд, зеро ки аз он бояд барои ибодати Худованд Худои худ бигирем, ва мо то ба он ҷо нарасем, нахоҳем донист, ки бо чӣ чиз Худовандро ибодат намоем».

27 Ва Худованд дили фиръавнро сахт кард, ва вай нахост онҳоро равона кунад.

Қатъи гуфтушунид.

28 Ва фиръавн ба ӯ гуфт: «Аз пеши ман бирав! Барҳазар бош, ки рӯи маро дигар набинӣ, зеро дар рӯзе ки рӯи маро бубинӣ, хоҳӣ мурд».

29 Ва Мусо гуфт: «Дуруст гуфтӣ; рӯи туро дигар нахоҳам дид».

11

БОБИ ЁЗДАҲУМ

Пешгӯӣ дар бораи ҳалокати нахустзодагон.

1 Ва Худованд ба Мусо гуфт: «Боз як зарбае бар фиръавн ва бар Миср хоҳам овард; баъд аз он вай шуморо аз ин ҷо равона хоҳад кард; ва ҳангоме ки вай шуморо равона карданӣ шавад, комилан шуморо аз ин ҷо бадар хоҳад ронд.

2 Пас, ба гӯши қавм бигӯ, ки ҳар мард аз ҳамсояи худ ва ҳар зан аз ҳамсояи худ колои нуқра ва колои тилло бипурсанд».

3 Ва Худованд қавмро дар назари мисриён мӯътабар гардонид; Мусо низ дар замини Миср, дар назари навкарони фиръавн ва дар назари қавм шахси бағоят бузург буд.

4 Ва Мусо гуфт: «Худованд чунин мегӯяд: қарибҳои нисфи шаб Ман андаруни Миср берун хоҳам омад,

5 Ва ҳар нахустзода дар замини Миср хоҳад мурд, — аз нахустзодаи фиръавн, ки бар тахташ нишастааст, то нахустзодаи канизе ки назди дастос бошад; ва ҳар нахустзодаи чорпоён.

6 Ва нолаи азиме дар тамоми замини Миср хоҳад буд, ки мислаш нашудааст, ва мислаш дигар нахоҳад шуд.

7 Валекин бар ҳамаи банӣ‐Исроил саге забонашро нахоҳад ҷунбонид, — на бар одамон ва на бар чорпоён; то бидонед, ки Худованд дар миёни мисриён ва исроилиён чӣ гуна тафовуте гузоштааст.

8 Ва ҳамаи ин навкаронат пеши ман фурӯд хоҳанд омад ва ба ман саҷда бурда, хоҳанд гуфт: „Ту ва тамоми қавме ки пайрави ту бошанд, берун равед“. Ва баъд аз он ман берун хоҳам рафт». Ва ӯ бо шиддати ғазаб аз пеши фиръавн берун омад.

9 Ва Худованд ба Мусо гуфт: «Фиръавн ба шумо гӯш нахоҳад дод, то ки мӯъҷизоти Ман дар замини Миср афзун шавад».

10 Ва Мусо ва Ҳорун тамоми ин мӯъҷизотро ба ҳузури фиръавн ба амал оварданд; вале Худованд дили фиръавнро сахт кард, ва вай банӣ‐Исроилро аз замини худ равона накард.

12

БОБИ ДУВОЗДАҲУМ

Фисҳ.

1 Ва Худованд ба Мусо ва Ҳорун дар замини Миср сухан ронда, гуфт:

2 «Бигзор ин моҳ барои шумо сари моҳҳо бошад; бигзор он барои шумо моҳи якум дар миёни моҳҳо бошад.

3 Ба тамоми ҷамоати Исроил сухан ронда, гӯед: „дар рӯзи даҳуми ҳамин моҳ бигзор ҳар яке баррае барои хонавода бигиранд, яъне барои ҳар хонадон як барра.

4 Ва агар аҳли байт барои истеъмоли барра кам бошанд, бигзор вай бо ҳамсояи наздики хонааш, мувофиқи шумораи нуфусашон бигирад; ба андозаи хӯрдани ҳар яке ба барра ширкат кунед.

5 Барраи шумо бояд беайб, наринаи яксола бошад; аз гӯсфандон ва бузон онро бигиред.

6 Ва бигзор он назди шумо то рӯзи чордаҳуми ҳамин моҳ ингоҳ дошта шавад, ва онро тамоми ҷамъомади ҷамоати Исроил бегоҳирӯзӣ забҳ кунанд.

7 Ва аз хуни он гирифта, ба ҳар ду паҳлударӣ ва ба болодарии хонаҳое ки дар онҳо онро мехӯранд, бимоланд.

8 Ва гӯшташро дар он шаб ба оташ бирьён карда, бо фатир бихӯранд; бо сабзаҳои талх онро бихӯранд.

9 Аз он хом, ё дар об пухта нахӯранд, балки ба оташ бирьён шуда бошад, бо каллаю почаҳояш ва дилу дарунаш.

10 Ва аз он то субҳ боқӣ нагузоред; ва он чиро, ки аз он то субҳ боқӣ монда бошад, ба оташ бисӯзонед.

11 Ва онро ин тавр бихӯред: камари шумо баста, кафшҳои шумо бар пойҳои шумо, ва асои шумо дар дасти шумо бошад; ва онро шитобон бихӯред, ки ин фисҳи Худованд аст.

Кафорат ба воситаи хун.

12 Ва Ман дар он шаб аз замини Миср убур намуда, ҳар нахустзодаро дар замини Миср, аз одамон то чорпоён, зарба хоҳам зад, ва бар ҳамаи худоёни Миср доварӣ хоҳам кард; Ман Худованд ҳастам.

13 Ва он хун барои шумо аломате хоҳад буд бар хонаҳое ки шумо дар он ҷо мебошед, ва Ман хунро дида, аз болои шумо хоҳам ҷаҳид, ва ҳангоме ки замини Мисрро зарба мезанам, он офати ҳалокатовар ба шумо нахоҳад расид.

14 Ва он рӯз барои шумо рӯзи ёдгорӣ хоҳад буд, ва онро ҳамчун иде барои Худованд ид кунед; онро, ҳамчун қонуни абадӣ, насл ба насли худ ид кунед.

15 Ҳафт рӯз фатир бихӯред; аммо дар арафаи рӯзи якум хамиртурушро аз хонаҳои худ нест кунед, зеро ҳар кӣ аз рӯзи якум то рӯзи ҳаштум хамири турушшудае бихӯрад, он кас аз миёни Исроил маҳв хоҳад шуд.

16 Ва дар рӯзи якум ҷамъомади муқаддас ва дар рӯзи ҳафтум ҷамъомади муқаддас барои шумо хоҳад буд; дар онҳо набояд ҳеҷ коре карда шавад; аммо он чи бояд ҳар кас бихӯрад, фақат онро ба ҷо оварданатон мумкин аст.

17 Ва хӯрдани фатирро риоя намоед, зеро ки дар худи ҳамин рӯз Ман фавҷҳои шуморо аз замини Миср берун овардаам; ва ин рӯзро, ҳамчун қонуни абадӣ, насл ба насли худ риоя намоед.

18 Дар моҳи якум, дар рӯзи чордаҳуми он, бегоҳӣ фатир бихӯред, то бегоҳии рӯзи бисту якуми моҳ.

19 Ҳафт рӯз дар хонаҳои шумо хамиртуруш бояд ёфт нашавад; зеро, ҳар кӣ хамири турушшудае бихӯрад, он шахс аз ҷамоати Исроил маҳв хоҳад шуд, хоҳ ғарибе бошад, хоҳ сокини муқимии он.

20 Ҳеҷ хамири турушшудае нахӯред; дар ҳамаи масканҳои худ фатир бихӯред“».

21 Ва Мусо ҳамаи пирони Исроилро даъват намуда, ба онҳо гуфт: «Биравед ва баррае барои худ мувофиқи хонаводаҳотон бигиред, ва фисҳро забҳ кунед.

22 Ва бандчае аз зуфо гирифта, дар хуне ки дар лаган аст, биғӯтонед, ва ба болодарӣ ва ду паҳлударӣ аз хуне ки дар лаган аст, бимолед; ва касе аз шумо аз дари хонаи худ то субҳ берун наравад.

23 Ва Худованд убур намуда, мисриёнро зарба хоҳад зад, ва ҳамин ки хунро бар болодарӣ ва ду паҳлударӣ бубинад, Худованд аз болои он дар хоҳад ҷаҳид, ва ҷонситонро нахоҳад гузошт, ки ба хонаҳои шумо даромада, зарба занад.

24 Ва ин амрро, ҳамчун қоида, барои худ ва барои писарони худ ба сурати абадӣ риоя намоед.

25 Ва чун ба замине дохил шудед, ки онро Худованд мувофиқи гуфтаи Худ ба шумо хоҳад дод, он вақт ин ибодатро риоя намоед.

26 Ва чун писаронатон ба шумо гӯянд: „Ин ибодати шумо барои чист?“

27 Бигӯед: „Ин қурбонии фисҳ барои Худованд аст, ки Ӯ дар Миср, вақте ки мисриёнро зарба зад, аз болои хонаҳои банӣ‐Исроил ҷаҳида гузашт, ва хонаҳои моро раҳоӣ дод“». Ва қавм сар хам карда, саҷда бурданд.

28 Ва банӣ‐Исроил рафта, ба амал оварданд; чунон ки Худованд ба Мусо ва Ҳорун амр фармуда буд, ончунон ба амал оварданд.

Мубоҳиса бо фиръавн давом мекунад. Фавти нахустзодагон.

29 Ва нисфи шаб чунин воқеъ шуд, ки Худованд ҳамаи нахустзодагони замини Мисрро, аз нахустзодаи фиръавн, ки бар тахт нишаста буд, то нахустзодаи асире ки дар зиндон буд, ва ҳар нахустзодаи чорпоёнро зарба зад.

30 Ва дар он шаб фиръавн, ва ҳамаи навкаронаш, ва ҳамаи мисриён бархостанд, ва фарьёди азиме дар Миср ба вуқӯъ омад, зеро хонае набуд, ки мурдае дар он набошад.

31 Ва Мусо ва Ҳорунро шабона даъват намуда, гуфт: «Бархезед ва аз миёни қавми ман берун равед, ҳам шумо ва ҳам банӣ‐Исроил, ва рафта, Худовандро ибодат намоед, чунон ки гуфтед.

32 Гӯсфандон ва говони худро низ, чунон ки гуфтед, бигиред, ва биравед, ва маро низ баракат диҳед».

33 Ва мисриён бар қавм фишор меоварданд, то ки зудтар онҳоро аз замин равона кунанд, зеро ки гуфтанд: «Ҳамаамон мемирем».

34 Ва қавм хамири худро, пеш аз он ки туруш шавад, бардошта бурданд; лаганҳои худро бо либосҳошон печонида, бар дӯши худ гузошта буданд.

35 Ва банӣ‐Исроил аз рӯи гуфтаи Мусо амал карда, аз мисриён колои нуқра ва колои тилло ва либосҳо пурсиданд.

36 Ва Худованд қавмро дар назари мисриён мӯътабар гардонид, ва ҳар чизи пурсидаи онҳоро доданд; ва онҳо мисриёнро тороҷ карданд.

Ибтидои хуруҷ.

37 Ва банӣ‐Исроил аз Раамсис ба ҷониби Суккӯт равона шуданд, ки тақрибан шашсад ҳазор мардони пиёда, ғайр аз кӯдакон, буданд.

38 Ва издиҳоми гуногунқабилаи зиёде низ ҳамроҳи онҳо баромаданд, ва гӯсфандон ва говон, ки рамаи бағоят бузурге буданд.

39 Ва аз хамире ки аз Миср берун оварда буданд, кулчаҳои фатир пухтанд, зеро ки он туруш нашуда буд, чунки аз Миср ронда шуда буданд, ва натавонистанд даранг кунанд, ва тӯшае низ барои худ тайёр накарда буданд.

40 Ва сукунати банӣ‐Исроил, ки дар Миср доштанд, чорсаду сӣ сол буд.

41 Ва ҳангоме ки чорсаду сӣ сол ба охир расид, дар он рӯз ҳамаи фавҷҳои Худованд аз замини Миср берун омаданд.

42 Ин — шаби бедории Худованд буд барои берун овардани онҳо аз замини Миср; ин ҳамон шабе буд барои Худованд, ки дар он тамоми банӣ‐Исроил насл ба насли худ бояд бедор бошанд.

43 Ва Худованд ба Мусо ва Ҳорун гуфт: «Ин аст дастури фисҳ: ҳеҷ каси бегона набояд аз он бихӯрад.

44 Вале ҳар ғуломе ки зархарид бошад, лозим аст, ки варо хатна бикунӣ, он гоҳ вай аз он бихӯрад.

45 Муҳоҷир ва муздур набояд аз он бихӯрад.

46 Дар як хона хӯрда шавад; гӯшти онро аз хона берун набарор; ва устухони онро нашиканед.

47 Тамоми ҷамоати Исроил бояд онро ба ҷо оваранд.

48 Ва агар ғарибе назди ту сокин бошад, ва хоҳад фисҳро барои Худованд ба ҷо оварад, — бигзор ҳар наринаи вай хатна карда шавад, ва он гоҳ вай наздик омада, онро ба ҷо оварад, ва мисли сокини тубҷоии замин хоҳад буд, вале ҳеҷ як номахтун набояд аз он бихӯрад.

49 Бигзор як қонун бошад барои сокини тубҷоӣ ва барои ғарибе ки дар миёни шумо сукунат дорад».

50 Ва тамоми банӣ‐Исроил ба ҷо оварданд; чунон ки Худованд ба Мусо ва Ҳорун амр фармуда буд, ончунон ба ҷо оварданд.

51 Ва чунин воқеъ шуд, ки дар ҳамои рӯз Худованд банӣ‐Исроилро бар ҳасби фавҷҳошон аз замини Миср берун овард.

13

БОБИ СЕЗДАҲУМ

Тақдиси нахустзодагон. Фармон дар бораи фатир.

1 Ва Худованд ба Мусо сухан ронда, гуфт:

2 «Ҳар нахустзодаро, ки ҳар раҳимро дар миёни банӣ‐Исроил бикшояд, хоҳ одам бошад хоҳ чорпо, барои Ман тақдис намо; вай аз они Ман аст».

3 Ва Мусо ба қавм гуфт: «Ин рӯзро, ки аз Миср, аз хонаи ғуломӣ берун омадед, дар хотир нигоҳ доред, зеро ки Худованд бо қуввати даст шуморо аз он ҷо берун овард; ва набояд хамири туруш хӯрда шавад.

4 Имрӯз шумо дар моҳи абиб+ 13:4 Моҳи абиб — моҳи пухтани хӯшаҳо. берун меоед.

5 Ва ҳангоме ки Худованд туро ба замини канъониён, ва ҳиттиён, ва амӯриён, ва ҳиввиён, ва ябусиён дохил кунад, ки ба падаронат қасам хӯрдааст, ки онро ба ту бидиҳад, замине ки шир ва асал дар он ҷорист, — он гоҳ ту ин ибодатро дар ин моҳ ба ҷо овар.

6 Ҳафт рӯз фатир бихӯр, ва дар рӯзи ҳафтум ид барои Худованд аст.

7 Ҳафт рӯз бояд фатир хӯрда шавад; ва набояд назди ту нони туруш дида шавад, ва набояд назди ту дар тамоми ҳудуди ту хамиртуруш дида шавад.

8 Ва дар он рӯз ба писари худ хабар дода, бигӯ: „Ин аст ба хотири он чи Худованд барои ман кард, вақте ки аз Миср берун омадам“.

9 Ва бигзор ин барои ту аломате бар дастат, ва ёдгорие дар мобайни чашмонат бошад, то ки шариати Худованд дар даҳонат бошад; зеро ки Худованд бо дасти қавӣ туро аз Миср берун овард.

10 Пас, ин дастурро дар мӯҳлаташ сол ба сол ба ҷо овар.

11 Ва ҳангоме ки Худованд туро ба замини канъониён дохил кунад, ки ба ту ва падаронат қасам хӯрдааст, ки онро ба ту бидиҳад, —

12 Он гоҳ ҳар раҳимкушоро барои Худованд ҷудо кун; ва ҳар бачаи раҳимкушои чорпоён, ки назди ту пайдо шавад, наринаи онҳо барои Худованд хоҳад буд.

13 Ва дар ивази ҳар курраи раҳимкушо баррае фидия бидеҳ; ва агар фидия надиҳӣ, гарданашро бишкан; ва барои ҳар нахустзодаи одамӣ, ки аз писаронат бошад, фидия бидеҳ.

14 Ва ҳангоме ки писарат дар оянда аз ту пурсида, гӯяд: „Ин чист?“ — ба вай бигӯ: „Худованд моро бо қуввати даст аз Миср, аз хонаи ғуломӣ берун овард;

15 Ва чунин воқеъ шуд, ки чун фиръавн дар бобати равона кардани мо дили худро сахт гардонид, Худованд ҳар нахустзодаро дар замини Миср, аз нахустзодаи одамон то нахустзодаи чорпоён, кушт; бинобар ин ман ҳар раҳимкушои наринаро барои Худованд қурбонӣ мекунам, ва барои ҳар нахустзодаи писаронам фидия медиҳам“.

16 Ва бигзор ин аломате бар дастат ва пешонабанде дар мобайни чашмонат бошад, зеро ки Худованд бо қуввати даст моро аз Миср берун овард».

17 Ва чунин воқеъ шуд, ки чун фиръавн қавмро равона кард, Худо онҳоро бо роҳи замини фалиштиён набурд, чунки он наздик буд; зеро ки Худо гуфт: «Мабодо қавм ҷангро дида, пушаймон шаванд ва ба Миср баргарданд».

18 Ва Худо қавмро бо роҳи биёбон давр занонида, сӯи баҳри Қулзум бурд; ва банӣ‐Исроил аз замини Миср мусаллаҳ шуда баромада буданд.

19 Ва Мусо устухонҳои Юсуфро бо худ гирифт, зеро ки вай банӣ‐Исроилро сахт қасам дода, гуфта буд: «Худо шуморо албатта тафаққуд хоҳад кард, ва он гоҳ шумо устухонҳои маро аз ин ҷо бо худ хоҳед бурд».

Абр ва сутуни оташ дар аснои роҳ.

20 Ва аз Суккӯт равона шуданд, ва дар Этом, дар ақсои биёбон ӯрду заданд.

21 Ва Худованд рӯзона дар сутуни абр пешопеши онҳо мерафт, то ки роҳро ба онҳо нишон диҳад, ва шабона — дар сутуни оташ, то ки ба онҳо рӯшноӣ бахшад, ва онҳо рӯзона ва шабона роҳ раванд.

22 Сутуни абр рӯзона ва сутуни оташ шабона аз пеши қавм дур намешуд.

14

БОБИ ЧОРДАҲУМ

Ба ҳалокат расидани мисриён дар баҳри Қулзум. Сафар дар биёбон.

1 Ва Худованд ба Мусо сухан ронда, гуфт:

2 «Ба банӣ‐Исроил бигӯ, ки тоб хӯрда, пеши Фӣ‐Ҳаҳирӯт, дар миёни Миҷдӯл ва баҳр, пеши Баал‐Сафӯн ӯрду зананд; дар рӯ ба рӯи он назди баҳр ӯрду занед.

3 Ва фиръавн дар бораи банӣ‐Исроил хоҳад гуфт: „Онҳо дар ин замин саргум шудаанд, биёбон онҳоро бандубаст кардааст“.

4 Ва Ман дили фиръавнро сахт хоҳам кард, то ки вай онҳоро таъқиб намояд, ва ҷалоли Худро ба воситаи фиръавн ва тамоми лашкараш зоҳир хоҳам сохт, то мисриён бидонанд, ки Ман Худованд ҳастам». Ва чунин карданд.

5 Ва ба подшоҳи Миср хабар расид, ки қавм рӯ ба гурез овардаанд; ва дили фиръавн ва навкаронаш нисбат ба қавм дигаргун шуд, ва онҳо гуфтанд: «Ин чӣ кор аст, ки мо кардем? Чаро банӣ‐Исроилро равона кардем, то ки дигар барои мо меҳнат накунанд?»

6 Ва аробаи худро тайёр кард, ва қавми худро бо худ гирифт.

7 Ва шашсад аробаи гузинро гирифт, ва ҳамаи аробаҳои Мисрро, ки бар ҳамаашон саркардаҳо буданд.

8 Ва Худованд дили фиръавн, подшоҳи Мисрро сахт кард, ва вай банӣ‐Исроилро таъқиб намуд; ва банӣ‐Исроил бо дасти баланд мерафтанд.

9 Ва мисриён бо ҳамаи аспон ва аробаҳои фиръавн ва саворонаш ва лашкараш онҳоро таъқиб намуда, ба онҳо расида гирифтанд, дар сурате ки онҳо назди баҳр, дар Фӣ‐Ҳаҳирӯт, пеши Баал‐Сафӯн ӯрду зада буданд.

10 Ва фиръавн наздик омад, ва банӣ‐Исроил чашмони худро боло карда диданд, ки инак, мисриён аз қафои онҳо меоянд, ва бағоят ҳаросон шуданд; ва банӣ‐Исроил сӯи Худованд нола карданд.

11 Ва ба Мусо гуфтанд: «Оё дар Миср қабрҳо набуд, ки моро овардӣ, то дар биёбон бимирем? Ин чист ба мо кардӣ, ки моро аз Миср берун овардӣ?

12 Ин, охир, ҳамон чизест, ки мо ба ту дар Миср сухан ронда, гуфта будем: „Моро бимон, то ки барои мисриён меҳнат кунем“. Зеро меҳнати мисриён барои мо беҳтар аст аз он ки дар биёбон бимирем».

13 Ва Мусо ба қавм гуфт: «Ҳаросон нашавед! Биистед ва наҷоти Худовандро бубинед, ки онро Ӯ имрӯз барои шумо ба амал хоҳад овард; зеро мисриёнро, ки имрӯз дидаед, дигар ҳаргиз нахоҳед дид.

14 Худованд барои шумо ҷанг хоҳад кард, ва шумо хомӯш бошед».

15 Ва Худованд ба Мусо гуфт: «Чаро сӯи Ман нола мекунӣ? Ба банӣ‐Исроил бигӯ, ки равона шаванд.

16 Ва ту асои худро баланд бардор, ва дасти худро бар баҳр дароз карда, онро аз ҳам чудо кун, то ки банӣ‐Исроил андаруни баҳр бар хушкӣ бигзаранд.

17 Ва Ман, инак, дили мисриёнро сахт мекунам, то ки аз қафои онҳо бираванд; ва ҷалоли Худро ба воситаи фиръавн ва тамоми лашкараш, ба воситаи аробаҳо ва саворонаш зоҳир хоҳам сохт,

18 Ва мисриён хоҳанд донист, ки Ман Худованд ҳастам, вақте ки ҷалоли Худро ба воситаи фиръавн, ба воситаи аробаҳо ва саворонаш зоҳир созам».

19 Ва фариштаи Худо, ки пешопеши ӯрдуи Исроил мерафт, ба ҳаракат омада, аз қафои онҳо равона шуд; ва сутуни абр аз пеши онҳо ҳаракат карда, дар қафояшон истод;

20 Ва дар миёни ӯрдуи мисриён ва ӯрдуи исроилиён ҷойгир шуда, барои он ӯрду абр ва торикӣ гардид, ва барои ин ӯрду шабро равшан кард, ва тамоми шаб онҳо ба якдигар наздик нашуданд.

21 Ва Мусо дасти худро бар баҳр дароз кард, ва Худованд баҳрро бо боди шарқии сахте тамоми шаб ба ҳаракат даровард, ва баҳрро хушк гардонид, ва обҳо аз ҳам ҷудо шуд.

22 Ва банӣ‐Исроил андаруни баҳр бар хушкӣ равона шуданд, ва обҳо барои онҳо аз тарафи рост ва аз тарафи чап девор буд.

23 Ва мисриён бо ҳамаи аспони фиръавн, бо аробаҳо ва саворонаш, таъқибкунон аз қафои онҳо андаруни баҳр даромаданд.

24 Ва дар поси саҳарӣ чунин воқеъ шуд, ки Худованд аз даруни сутуни оташ ва абр бар ӯрдуи мисриён назар андохт, ва ӯрдуи мисриёнро ба изтироб овард.

25 Ва чархҳои аробаҳошонро баровард, ба тавре ки онҳо базӯр ҳаракат мекарданд. Ва мисриён гуфтанд: «Аз пеши исроилиён бигрезем, зеро ки Худованд барои онҳо бо мисриён ҷанг мекунад».

26 Ва Худованд ба Мусо гуфт: «Дасти худро бар баҳр дароз кун, то ки обҳо бар мисриён, ба аробаҳо ва саворони онҳо баргардад».

27 Ва Мусо дасти худро бар баҳр дароз кард, ва баҳр ҳангоми дамидани субҳ ба маҷрои худ баргашт, ва мисриён ба пешвози он медавиданд; ва Худованд мисриёнро андаруни баҳр вожгун сохт.

28 Ва обҳо баргашта, аробаҳо ва саворон ва тамоми лашкари фиръавнро, ки аз қафои онҳо дар баҳр меомаданд, пӯшонид; аз онҳо як нафар ҳам боқӣ намонд.

29 Ва банӣ‐Исроил андаруни баҳр бар хушкӣ равона шуданд, ва обҳо барояшон аз тарафи рост ва аз тарафи чап девор буд.

30 Ва Худованд дар он рӯз Исроилро аз дасти мисриён раҳо кард; ва исроилиён мисриёнро дар соҳили баҳр мурда диданд.

31 Ва чун исроилиён он қудрати бузургро, ки Худованд бар мисриён зоҳир сохт, диданд, қавм аз Худованд тарсиданд, ва ба Худованд ва ба бандаи Ӯ Мусо имон оварданд.

15

БОБИ ПОНЗДАҲУМ

Халосии қатъӣ аз асорат. Мадҳияи Мусо.

1 Он гоҳ Мусо ва банӣ‐Исроил ин сурудро барои Худованд суруданд, ва чунин гуфтанд:

«Барои Худованд месароям, зеро ки Ӯ азимулмартаба аст;

асп ва савори онро дар баҳр вожгун сохт.

2 Худованд қувват ва ҳамду санои ман аст,

ва Ӯ наҷоти ман шуд.

Ӯ Худои ман аст, ва Ӯро ситоиш менамоям;

Ӯ Худои падари ман аст, ва Ӯро болобардор мекунам.

3 Худованд марди ҷангист.

Исми Ӯ Худованд аст.

4 Аробаҳои фиръавн ва лашкари варо дар баҳр вожгун сохт,

ва саркардаҳои гузини вай дар баҳри Қулзум

ғарқ шуданд.

5 Вартаҳо онҳоро пӯшонид,

мисли санге дар қаърҳо фурӯ рафтанд.

6 Ямини Ту, эй Худованд, бо қувват ҷалол ёфтааст.

Ямини Ту, эй Худованд, душманро торумор мекунад.

7 Ва бо афзунии кибриёи Худ мухолифонатро шикаст медиҳӣ,

ғазаби Худро мефиристӣ, — вай онҳоро мисли хошоке месӯзонад.

8 Аз вазидани боди ғазаби Ту обҳо фароҳам омад.

ҷараёнҳо мисли хоктӯдае биистод,

вартаҳо андаруни баҳр шах шуда монд.

9 Душман гуфт: „Таъқиб менамоям, расида мегирам, ғаниматро тақсим мекунам,

ҷонам аз онҳо сер мешавад,

шамшери худро мекашам, дасти ман онҳоро маҳв менамояд“.

10 Ҳамин ки боди Худро вазонидӣ, баҳр онҳоро пӯшонид:

онҳо мисли қӯрғошим дар обҳои азим фурӯ рафтанд.

11 Кист мисли Ту, эй Худованд, дар миёни худоён?

Кист мисли Ту азимулқадр дар қудсият?

Ту аз ҳар мадҳ болотарӣ, эй Офаридагори мӯъҷизот!

12 Ҳамин ки ямини Худро дароз кардӣ,

замин онҳоро фурӯ бурд.

13 Қавмеро, ки раҳо кардӣ, бо марҳамати Худ ҳидоят менамоӣ:

бо қуввати Худ онҳоро сӯи маскани қудси Худ мебарӣ.

14 Қавмҳо шунида, ба изтироб омаданд;

сокинони фалиштиро ларза фаро гирифт.

15 Он гоҳ мирони Адӯм ҳаросон шуданд,

пешвоёни Мӯобро ларза фаро гирифт;

ҳамаи сокинони Канъон пажмурдадил шуданд.

16 Тарсу ҳарос онҳоро фаро хоҳад гирифт,

аз бузургии бозуи Ту мисли санге лол хоҳанд шуд,

то даме ки қавми Ту, эй Худованд, убур намоянд,

то даме ки қавми раҳокардаи Ту убур намоянд.

17 Онҳоро оварда, бар кӯҳи мероси Худ хоҳӣ шинонид,

ба маконе ки Ту, эй Худованд, маскани Худ гардонидаӣ,

ба қудсе ки дастҳои Ту, эй Худованд, барпо намудааст.

18 Худованд то абад салтанат хоҳад ронд!»

19 Вақте ки аспони фиръавн бо аробаҳо ва саворонаш ба баҳр дохил шуданд, Худованд обҳои баҳрро бар онҳо баргардонид; ва банӣ‐Исроил андаруни баҳр бар хушкӣ равона шуданд.

20 Ва Марьями набия, хоҳари Ҳорун, дафро ба дасти худ гирифт, ва ҳамаи занон аз қафои вай дафзанон ва рақскунон берун омаданд.

21 Ва Марьям сурудхонон ба онҳо гуфт:

«Барои Худованд бисароед, зеро ки Ӯ азимулмартаба аст,

асп ва савори онро дар баҳр вожгун сохт».

Исроил дар биёбон; оби талх ширин гардонида шуд.

22 Ва Мусо Исроилро аз канори баҳри Қулзум бурд, ва онҳо ба биёбони Шур баромаданд; ва се рӯз дар биёбон роҳ паймуданд, вале обе пайдо накарданд.

23 Ва ба Мора расиданд, ва аз оби Мора натавонистанд нӯшанд, зеро ки он талх буд; бинобар ин он Мора+ 15:23 Талх. номида шудааст.

24 Ва қавм аз Мусо шикоят карда, гуфтанд: «Чӣ бинӯшем?»

25 Ва ӯ сӯи Худованд нола кард, ва Худованд дарахтеро ба ӯ нишон дод, ва ӯ онро ба об андохт, ва об ширин шуд; дар он ҷо ӯ барои онҳо фариза ва шариат муқаррар намуд, ва дар он ҷо онҳоро имтиҳон кард.

26 Ва гуфт: «Агар ту овози Худованд Худои худро бишнавӣ ва он чиро, ки дар назари Ӯ дуруст аст, ба амал оварӣ, ва ба аҳкоми Ӯ гӯш диҳӣ, ва фароизи Ӯро риоя намоӣ, — ҳеҷ яке аз бемориҳоеро, ки бар Миср овардаам, бар ту нахоҳам овард, зеро ки Ман Худованди шифобахши ту ҳастам».

27 Ва ба Элим омаданд, ва дар он ҷо дувоздаҳ чашмаи об ва ҳафтод дарахти хурмо буд; ва дар он ҷо назди об ӯрду заданд.

16

БОБИ ШОНЗДАҲУМ

Гуруснагӣ.

1 Ва аз Элим равона шуданд, ва тамоми ҷамоати банӣ‐Исроил дар рӯзи понздаҳуми моҳи дуюм, баъд аз берун омаданашон аз замини Миср, ба биёбони Син, ки дар миёни Элим ва Сино воқеъ аст, расиданд.

2 Ва тамоми ҷамоати банӣ‐Исроил дар биёбон аз Мусо ва Ҳорун шикоят карданд.

3 Ва банӣ‐Исроил ба онҳо гуфтанд: «Кошки аз дасти Худованд дар замини Миср мемурдем, вақте ки назди деги гӯшт менишастем ва серона нон мехӯрдем! Зеро ки моро ба ин биёбон берун овардед, то ки тамоми ин ҷамоатро аз гуруснагӣ бикушед».

4 Ва Худованд ба Мусо гуфт: «Инак, Ман барои шумо нон аз осмон меборонам, ва бигзор қавм берун омада, ризқи ҳаррӯзаро ҷамъ кунанд, то онҳоро имтиҳон намоям, ки оё мувофиқи шариати Ман рафтор мекунанд, ё не.

5 Ва дар рӯзи шашум чунин воқеъ хоҳад шуд, ки дар вақти тайёр кардани он чи чида овардаанд, назар ба миқдоре ки ҳар рӯз мечиданд, дучандон хоҳад буд».

6 Ва Мусо ва Ҳорун ба тамоми банӣ‐Исроил гуфтанд: «Шомгоҳон хоҳед донист, ки Худованд шуморо аз замини Миср берун овардааст;

7 Ва бомдодон ҷалоли Худовандро хоҳед дид, зеро ки Ӯ шикоятеро, ки шумо аз Худованд кардаед, шунидааст; ва мо чистем, ки аз мо шикоят мекунед?»

8 Ва Мусо гуфт: «Пас, Худованд барои шумо шомгоҳон гӯшт хоҳад дод, то ки бихӯред, ва бомдодон нони серона; зеро Худованд шикоятҳои шуморо, ки аз Ӯ кардаед, шунидааст; ва мо чистем? Шикоятҳои шумо на аз мо, балки аз Худованд аст».

9 Ва Мусо ба Ҳорун гуфт: «Ба тамоми ҷамоати банӣ‐Исроил бигӯ: „Ба ҳузури Худованд наздик оед, зеро ки Ӯ шикоятҳои шуморо шунидааст“».

10 Ва чунин вокеъ шуд, ки чун Ҳорун ба тамоми ҷамоати банӣ‐Исроил сухан меронд, онҳо сӯи биёбон рӯй гардониданд, ва инак, ҷалоли Худованд дар абр зоҳир шуд.

11 Ва Худованд ба Мусо сухан ронда, гуфт:

12 «Ман шикоятҳои банӣ‐Исроилро шунидаам; ба онҳо сухан ронда, бигӯ: „Шомгоҳон гӯшт хоҳед хӯрд, ва бомдодон аз нон сер хоҳед шуд; ва хоҳед донист, ки Ман Худованд Худои шумо ҳастам“».

13 Ва шомгоҳон чунин вокеъ шуд, ки бедонаҳо пайдо шуда, ӯрдугоҳро пӯшонид; ва бомдодон як қабат шабнам гирдогирди ӯрдугоҳ нишаст.

Манн — тимсоли Масеҳ.

14 Ва ҳангоме ки қабати шабнам нопадид шуд, инак, бар рӯи биёбон чизи резаи лӯнда‐лӯндае, резгие мисли яхча бар замин хобидааст.

15 Ва банӣ‐Исроил онро диданд, ва ба якдигар гуфтанд: «Ин чист?» Зеро намедонистанд, ки он чист. Ва Мусо ба онҳо гуфт: «Ин нон аст, ки Худованд ба шумо додааст, то ки бихӯред.

16 Ин аст амре ки Худованд фармудааст: ҳар кас аз он ба андозаи хӯрданаш бигирад, яъне як ӯмар барои ҳар сар, мувофиқи шумораи нуфуси шумо; ҳар яке барои касоне ки дар хаймаи вай ҳастанд, бигиред».

17 Ва банӣ‐Исроил чунин карданд, ва баъзе бисьёр ва баъзе кам чида гирифтанд.

18 Ва ҳангоме ки бо ӯмар чен карданд, он ки бисьёр чида буд, зиёдатӣ надошт, ва он ки кам чида буд, камӣ надошт: ҳар яке ба андозаи хӯрданаш чида буд.

19 Ва Мусо ба онҳо гуфт: «Касе аз он то субҳ боқӣ нагузорад».

20 Вале онҳо ба Мусо гӯш надоданд, ва баъзе касон аз он то субҳ боқӣ гузоштанд, ва он кирм карда, бӯй гирифт; ва Мусо бар онҳо хашмгин шуд.

21 Ва онро ҳар субҳ, ҳар яке ба андозаи хӯрдани худ, мечиданд; ва ҳамин ки офтоб гарм мекард, вай об мешуд.

22 Ва чунин воқеъ шуд, ки дар рӯзи шашум дучандон нон чиданд, яъне ду ӯмар барои ҳар одам; ва ҳамаи сардорони ҷамоат омада, ба Мусо хабар доданд.

Қарордод дар бораи шанбе; тимсоли оромии абадӣ.

23 Ва ӯ ба онҳо гуфт: «Ин аст он чи Худованд гуфтааст: фардо оромӣ, шанбеи муқаддаси Худованд аст, он чи пухтан хоҳед — бипазед, ва он чи ҷӯшонидан хоҳед — биҷӯшонед, ва ҳар он чи зиёдатӣ кунад, барои худ саришта карда то субҳ нигоҳ доред».

24 Ва онро то субҳ нигоҳ доштанд, чунон ки Мусо амр фармуда буд; ва он бӯй нагирифт, ва кирм ҳам дар он пайдо нашуд.

25 Ва Мусо гуфт: «Имрӯз онро бихӯред, зеро ки имрӯз шанбеи Худованд аст; имрӯз онро дар саҳро нахоҳед ёфт.

26 Шаш рӯз онро бичинед, ва рӯзи ҳафтум шанбест; он дар ин рӯз нахоҳад буд».

27 Ва чунин воқеъ шуд, ки баъзе аз қавм барои чидан баромаданд, вале наёфтанд.

28 Ва Худованд ба Мусо гуфт: «То ба кай аз риоя кардани аҳком ва дастуроти Ман гардан мекашед?

29 Бубинед, ки Худованд шанберо ба шумо бахшидааст, бинобар ин Ӯ дар рӯзи шашум нони дурӯзаро ба шумо медиҳад; пас, ҳар яке дар ҷои худ биншинед, ҳеҷ кас дар рӯзи ҳафтум аз маконаш берун наравад!»

30 Ва қавм дар рӯзи ҳафтум ором гирифтанд.

31 Ва хонадони Исроил онро манн номиданд; ва он ба тухми кашниҷ монанд буда, ранги сафед дошт, ва таъмаш мисли кулчаи асалин буд.

32 Ва Мусо гуфт: «Ин аст амре ки Худованд фармудааст: „Ӯмаре аз он пур кунед, барои он ки дар наслҳои шумо нигоҳ дошта шавад, то нонеро бубинанд, ки дар биёбон шуморо аз он хӯронида будам, вақте ки шуморо аз замини Миср берун овардам“».

33 Ва Мусо ба Ҳорун гуфт: «Зарфе бигир, ва ӯмари пур аз маннро дар он бимон, ва онро ба хузури Худованд бигузор, то ки барои наслҳои шумо нигоҳ дошта шавад».

34 Чунон ки Худованд ба Мусо амр фармуд, ончунон Ҳорун онро пеши алвоҳи шаҳодат гузошт, то ки нигоҳ дошта шавад.

35 Ва банӣ‐Исроил чил сол манн хӯрданд, то вақте ки ба замини маскун расиданд, яъне то вақте ки ба ҳудуди замини Канъон қадам монданд, манн хӯрданд.

36 Ва ӯмар даҳьяки эфа мебошад.

17

БОБИ ҲАФДАҲУМ

Ташнагӣ.

1 Ва тамоми ҷамоати банӣ‐Исроил, бо амри Худованд, аз биёбони Син ба сафари худ равона шуданд; ва дар Рафидим ӯрду заданд, ва обе барои нӯшидани қавм набуд.

2 Ва қавм бо Мусо низоъ карда, гуфтанд: «Ба мо об диҳед, то бинӯшем». Ва Мусо ба онҳо гуфт: «Чаро бо ман низоъ мекунед? Чаро Худовандро меозмоӣ?»

3 Ва дар он ҷо қавм ташнаи об буданд, ва қавм аз Мусо шикоят карда гуфтанд: «Чаро моро аз Миср берун овардӣ, то ки мо ва фарзандони мо ва чорвои моро аз ташнагӣ бикушӣ?»

4 Ва Мусо сӯи Худованд нола карда, гуфт: «Бо ин қавм чӣ кунам? Андаке мондааст, ки маро сангсор кунанд».

Об аз сахра; тимсоли Масеҳ, ки Рӯҳи Худро пешкаш мекунад.

5 Ва Худованд ба Мусо гуфт: «Пеши қавм убур намо, ва аз пирони Исроил бо худ бигир; ва асои худро, ки наҳрро бо он задӣ, ба дастат гирифта, равона шав.

6 Инак, Ман дар он ҷо пеши ту бар сахрае ки дар Ҳӯриб аст, меистам, ва ту сахраро мезанӣ, ва об аз он мебарояд, ва қавм менӯшанд». Ва Мусо пеши назари пирони Исроил чунин кард.

7 Ва он маконро Массо ва Мерибо+ 17:7 Озмоиш ва низоъ. ном ниҳод, ба сабаби ҷидоли банӣ‐Исроил ва Худовандро озмуданашон, ки гуфта буданд: «Оё дар миёни мо Худованд ҳаст, ё не?»

Ҳарбу зарб бо Амолеқ.

8 Ва Амолеқ омада, дар Рафидим бо Исроил ҷанг кард.

9 Ва Мусо ба Еҳушаъ гуфт: «Мардонро барои мо интиҳоб намо ва баромада, бо Амолеқ ҳарбу зарб кун; фардо ман бар қуллаи тал хоҳам истод, ва асои Худо дар дастам хоҳад буд».

10 Ва Еҳушаъ ончунон, ки Мусо ба ӯ амр фармуда буд, амал намуд, то ки бо Амолеқ ҳарбу зарб кунад; ва Мусо, Ҳорун ва Ҳур бар қуллаи тал баромаданд.

11 Ва чунин воқеъ шуд, ки чун Мусо дасташро мебардошт, Исроил дастболо мешуд, ва ҳамин ки дасташро мефуровард, Амолеқ дастболо мешуд.

12 Вале дастҳои Мусо бемаҷол гардид; ва санге гирифта, ба таги ӯ гузоштанд, ва ӯ бар он нишаст, ва Ҳорун ва Ҳур, яке аз ин тараф ва дигаре аз он тараф, дастҳои ӯро бардошта нигоҳ медоштанд; ва дастҳои ӯ то ғуруби офтоб устувор монд.

13 Ва Еҳушаъ Амолеқ ва қавми варо бо дами шамшер зарба зад.

14 Ва Худованд ба Мусо гуфт: «Инро барои ёдгорӣ дар китоб бинавис, ва гӯшраси Еҳушаъ намо, ки Ман зикри Амолеқро аз зери осмон тамоман маҳв хоҳам кард».

15 Ва Мусо қурбонгоҳе бино кард, ва онро Худованд Ниссӣ+ 17:15 Худованд байрақи ман аст. ном монд.

16 Ва гуфт: «Зеро ки даст бар тахти Худованд аст, ҷанги Худованд бар зидди Амолеқ аз насл ба насл хоҳад буд».

18

БОБИ ҲАЖДАҲУМ

Вохӯрии Мусо бо Йитрӯ; таъин намудани доварон.

1 Ва Йитрӯ, коҳини Мидьён, падарарӯси Мусо, ҳар он чиро, ки Худо барои Мусо ва барои қавми Худ Исроил карда буд, яъне Исроилро аз Миср берун оварда буд, шунид.

2 Ва Йитрӯ, падарарӯси Мусо, Сифӯра, зани Мусоро гирифт, баъд аз он ки варо гардонида фиристода буд,

3 Ва ду писари ӯро, ки номи яке Ҷершӯн буд, зеро ки ӯ гуфта буд: «Дар замини бегона ғариб ҳастам»;

4 Ва номи дигаре Элиозар буд, зеро ки ӯ гуфта буд: «Худои падарам мададгори ман аст, ва маро аз шамшери фиръавн раҳо кардааст».

5 Ва Йитрӯ, падарарӯси Мусо, бо писарон ва зани ӯ назди Мусо ба биёбон омад, ки ӯ дар он ҷо, назди кӯҳи Худо ӯрду зада буд.

6 Ва ба Мусо хабар дод: «Ман, падарарӯси ту Йитрӯ, бо занат ва ду писарат назди ту омадаам».

7 Ва Мусо ба пешвози падарарӯсаш баромад, ва таъзим намуда, варо бӯсид, ва аз саломатии якдигар пурсупос карданд, ва ба хайма даромаданд.

8 Ва Мусо ба падарарӯсаш дар бораи ҳар он чи Худованд ба фиръавн ва мисриён ба хотири Исроил карда буд, ва дар бораи ҳамаи душвориҳое ки дар роҳ ба онҳо рӯй дода ва Худованд онҳоро раҳонида буд, ҳикоят намуд.

9 Ва Йитрӯ аз тамоми некие ки Худованд ба Исроил карда, онҳоро аз дасти мисриён раҳонида буд, шод шуд.

10 Ва Йитрӯ гуфт: «Муборак аст Худованд, ки шуморо аз дасти мисриён ва аз дасти фиръавн раҳонидааст, ва ин қавмро аз зери дасти мисриён раҳо қардааст.

11 Алҳол донистам, ки Худованд аз ҳамаи худоён бузургтар аст, алалхусус дар бобати он зулме ки дар ҳаққи онҳо карда буданд».

12 Ва Йитрӯ, падарарӯси Мусо, қурбонии сӯхтанӣ ва забҳҳо барои Худованд гирифт; ва Ҳорун ва ҳамаи пирони Исроил омаданд, то ки бо падарарӯси Мусо ба ҳузури Худованд нон бихӯранд.

13 Ва фардояш чунин воқеъ шуд, ки Мусо биншаст, то ки қавмро доварӣ намояд; ва қавм назди Мусо аз субҳ то шом биистоданд.

14 Ва падарарӯси Мусо ҳар он чиро, ки ӯ ба қавм мекард, дид, ва гуфт: «Ин чӣ кор аст, ки ту ба қавм мекунӣ? Чаро ту танҳо менишинӣ, ва тамоми қавм назди ту аз субҳ то шом меистанд?»

15 Ва Мусо ба падарарӯси худ гуфт: «Зеро қавм назди ман меоянд, то ки аз Худо пурсон кунанд;

16 Вақте ки дар миёни онҳо даъвое пайдо мешавад, назди ман меоянд, ва ман байни ҳар кас ва ёри вай доварӣ мекунам, ва фароизи Худо ва дастуроти Ӯро мефаҳмонам».

17 Вале падарарӯси Мусо ба ӯ гуфт: «Он чи ту мекунӣ, хуб нест;

18 Ҳам ту ва ҳам ин қавме ки бо ту ҳастанд, тамоман бемаҷол хоҳед шуд; зеро ки ин кор барои ту гарон аст, худат танҳо наметавонӣ онро ба ҷо оварӣ;

19 Алҳол ба овози ман гӯш деҳ, ман ба ту машварате медиҳам, ва Худо бо ту хоҳад буд: ту барои қавм ба ҳузури Худо бош, ва масъалаҳои онҳоро ба Худо бирасон;

20 Ва фароизу дастуротро ба онҳо бифаҳмон; ва роҳеро, ки бо он бояд бираванд, ва кореро, ки бояд бикунанд, ба онҳо нишон деҳ.

21 Ва ту аз миёни тамоми қавм мардони ҳалолкор, худотарс, мардони росткори аз тамаъ нафратдоштаро баргузида, бар онҳо таъин намо, то ки мириҳазорҳо, мирисадҳо, мирипанҷоҳҳо ва миридаҳҳо бошанд,

22 Ва қавмро ҳар вақт доварӣ намоянд, ва ҳар масъалаи муҳимро назди ту оваранд, вале ҳар масъалаи камаҳамиятро худашон ҳал кунанд; ва бори ту сабук шуда, онҳо онро бо ту хоҳанд бардошт.

23 Агар ин корро бикунӣ, ва Худо ба ту чунин амр фармояд, он гоҳ метавонӣ истодагӣ намоӣ; ва тамоми ин қавм низ ба макони худ ба саломатӣ хоҳанд расид».

24 Ва Мусо ба овози падарарӯсаш гӯш дод, ҳар он чи вай гуфта буд, ба амал овард.

25 Ва Мусо мардони ҳалолкорро аз миёни тамоми Исроил баргузида, бар қавм сардор, яъне мириҳазорҳо, мирисадҳо, мирипанҷоҳҳо ва миридаҳҳо таъин намуд.

26 Ва онҳо қавмро ҳар вақт доварӣ мекарданд, ҳар масъалаи мушкилро назди Мусо меоварданд, ва ҳар масъалаи камаҳамиятро худашон ҳал мекарданд.

27 Ва Мусо падарарӯсашро равона кард, ва вай ба диёри худ рафт.

19

БОБИ НУЗДАҲУМ

Исроил дар домани қӯҳи Сино. Худо ба Мусо зоҳир мешавад.

1 Дар моҳи сеюми берун омадани банӣ‐Исроил аз замини Миср, дар ҳамои рӯз, онҳо ба биёбони Сино расиданд.

2 Ва аз Рафидим равона шуда, ба биёбони Сино омаданд, ва дар биёбон ӯрду заданд; ва дар он ҷо Исроил рӯ ба рӯи кӯҳ ӯрду заданд.

3 Ва Мусо сӯи Худо баромад, ва Худованд аз кӯҳ ӯро даъват намуда, гуфт: «Ба хонадони Яъқуб чунин бигӯ ва ба банӣ‐Исроил хабар бидеҳ:

4 Шумо он чиро, ки Ман ба мисриён кардам, дидед, ва Ман шуморо бар болҳои уқобон бардоштам, ва шуморо назди Худ овардам.

5 Ва алҳол, агар шумо ба овози Ман ба яқин гӯш диҳед, ва аҳди Маро риоят кунед, шумо ганҷи гузини Ман аз миёни ҳамаи қавмҳо хоҳед буд; зеро ки тамоми замин аз они Ман аст.

6 Ва шумо барои Ман мамлакати коҳинон ва халқи муқаддас хоҳед буд. Ин аст суханоне ки ту бояд ба банӣ‐Исроил бигӯӣ».

7 Ва Мусо омада, пирони қавмро даъват намуд, ва ҳамаи ин суханонро, ки Худованд ба ӯ амр фармуда буд, ба онҳо пешниҳод кард.

8 Ва тамоми қавм якҷоя ҷавоб гардонида, гуфтанд: «Ҳар он чи Худованд гуфтааст, ба ҷо хоҳем овард». Ва Мусо суханони қавмро ба Худованд ҳабар дод.

9 Ва Худованд ба Мусо гуфт: «Инак, Ман дар абри ғализе назди ту меоям, то қавм бишнаванд, ки чӣ гуна Ман бо ту сухан меронам, ва он гоҳ ба ту низ ҳамеша имон хоҳанд овард». Ва Мусо суханони қавмро ба Худованд хабар дод.

10 Ва Худованд ба Мусо гуфт: «Назди қавм рафта, онҳоро имрӯз ва фардо тақдис намо, ва бигзор онҳо либосҳошонро шустушӯ кунанд,

11 Ва ба рӯзи сеюм тайёр бошанд, зеро ки дар рӯзи сеюм Худованд, пеши назари тамоми қавм, бар кӯҳи Сино фурӯд хоҳад омад.

12 Ва ҳадде барои қавм гирдогирд муқаррар намуда, бигӯ: „Аз баромадан бар кӯҳ ва ламс кардани домани он эҳтиёт шавед; ҳар кӣ кӯҳро ламс кунад, ба яқин хоҳад мурд.

13 Бигзор дасте ба вай расонида нашавад, балки вай ё сангсор карда шавад, ё ки тир зада кушта шавад; хоҳ чорпо бошад хоҳ одам, — набояд зинда монад“. Дар баробари навохтани карнай онҳо метавонанд бар кӯҳ бароянд».

14 Ва Мусо аз кӯҳ назди қавм фурӯд омада, қавмро тақдис намуд, ва онҳо либосҳошонро шустушӯ карданд.

15 Ва ба қавм гуфт: «Ба рӯзи сеюм тайёр бошед; ба занон наздикӣ накунед».

16 Ва дар рӯзи сеюм чунин воқеъ шуд, ки баробари дамидани субҳ раъдҳо ва барқҳо ба амал омада, абри ғализе кӯҳро фаро гирифт, ва садои бағоят баланди шох ба гӯш расид; ва тамоми қавме ки дар ӯрдугоҳ буданд, ба ларза даромаданд.

17 Ва Мусо қавмро ба истиқболи Худо аз ӯрдугоҳ берун овард, ва онҳо дар домани кӯҳ истоданд.

18 Ва тамоми қӯҳи Синоро дуд фаро гирифта буд, чунки Худованд дар оташ бар он фурӯд омад, ва дуди он мисли дуди хумдон мебаромад; ва тамоми кӯҳ бағоят меларзид.

19 Ва садои шох торафт пурзӯр мешуд; Мусо сухан меронд, ва Худо ба овоз ҷавоб мегардонид.

20 Ва Худованд бар кӯҳи Сино, бар қуллаи кӯҳ фурӯд омад, ва Худованд Мусоро ба қуллаи кӯҳ даъват намуд, ва Мусо баромад.

21 Ва Худованд ба Мусо гуфт: «Фурӯд омада, қавмро огоҳ намо, мабодо барои дидани Худованд ҳадро вайрон карда гузаранд, — ва бисьёре аз онҳо бимиранд.

22 Ва низ коҳиноне ки ба Худованд наздик меоянд, бояд худро тақдис намоянд, то ки Худованд онҳоро зарба назанад».

23 Ва Мусо ба Худованд гуфт: «Қавм ба кӯҳи Сино наметавонанд бароянд, зеро ки Ту маро огоҳ намуда, гуфтаӣ: „Назди кӯҳ ҳадде гузошта, онро тақдис намо“».

24 Ва Худованд ба ӯ гуфт: «Бирав, фурӯд ой, ва баъд баро, ва Ҳорун ҳамроҳи ту бошад; вале коҳинон ва қавм ҳадро вайрон карда нагузаранд, то ки назди Худованд боло бароянд, мабодо Ӯ онҳоро зарба занад».

25 Ва Мусо назди қавм фурӯд омада, ба онҳо сухан ронд.

20

БОБИ БИСТУМ

Фароизи Сино.

1 Ва Худо ин суханонро ба забон ронда, гуфт:

2 «Ман Худованд Худои ту ҳастам, ки туро аз замини Миср, аз хонаи ғуломӣ берун овардам.

3 Туро худоёни дигар, ҷуз Ман, набояд бошад.

4 Санаме ва ҳар сурате аз он чи дар осмон аз болост, ва аз он чи дар замин аз поён аст, ва аз он чи дар об аз зери замин аст, барои худ насоз.

5 Ба онҳо саҷда набар ва онҳоро ибодат накун; зеро ки Ман Худованд Худои ту ҳастам, Худои ғаюре ҳастам, ки барои гуноҳи падарон аз писарон, то насли сеюм ва чорум, аз онҳое ки аз Ман нафрат дошта бошанд, интиқом мегирам;

6 Ва то ҳазорон насл, ба онҳое ки Маро дӯст медоранд ва аҳкоми Маро ба ҷо меоваранд, марҳамат мекунам.

7 Исми Худованд Худои худро беҳуда ба забон нагир, зеро ки Худованд касеро, ки исми Ӯро беҳуда ба забон мегирад, беҷазо нахоҳад гузошт.

8 Рӯзи шанберо дар хотир нигоҳ дор, то ки онро тақдис намоӣ.

9 Шаш рӯз кор кун ва ҳар амалатро ба ҷо овар;

10 Вале рӯзи ҳафтум шанбеи Худованд Худои туст; дар он ҳеҷ кор накун, худат ва писарат, ва духтарат, ва ғуломат, ва канизат, ва чорпоят, ва ғарибат, ки андаруни дарвозаҳои туст.

11 Зеро ки дар шаш рӯз Худованд осмон ва замин, ва баҳр, ва ҳар он чиро, ки дар онҳост, ба вуҷуд овард, ва дар рӯзи ҳафтум ором гирифт; бинобар ин Худованд рӯзи шанберо муборак хонд ва онро тақдис намуд.

12 Падари худ ва модари худро иззат намо, то ки умри ту бар замине ки Худованд Худои ту ба ту медиҳад, дароз шавад.

13 Қатл накун.

14 Зино накун.

15 Дуздӣ накун.

16 Дар ҳаққи ёри худ шаҳодати дурӯғ надеҳ.

17 Хонаи ёри худро тамаъ накун; зани ёрат, ва ғуломаш, ва канизаш, ва говаш, ва хараш, ва ҳар чизеро, ки аз они ёрат бошад, тамаъ накун».

18 Ва чун тамоми қавм раъдҳо, ва забонаҳои оташ, ва садои шох, ва кӯҳи пур аз дудро диданд ва шуниданд, паснокӣ рафтанд, ва аз дур истоданд.

19 Ва ба Мусо гуфтанд: «Ту бо мо сухан бигӯ, ва мо хоҳем шунид, вале Худо бо мо сухан нагӯяд, мабодо бимирем».

20 Ва Мусо ба қавм гуфт: «Натарсед, зеро ки Худо барои озмудани шумо омадааст, то ки тарси Ӯ пеши рӯи шумо бошад, ва шумо гуноҳ накунед».

21 Ва қавм аз дур истоданд, ва Мусо сӯи меғ, ки Худо дар он ҷо буд, наздик омад.

22 Ва Худованд ба Мусо гуфт: «Ба банӣ‐Исроил чунин бигӯ: „Шумо дидед, ки Ман аз осмон ба шумо сухан рондам.

23 Бо Ман худоёни нуқра насозед, ва худоёни тилло барои худ насозед.

24 Қурбонгоҳи хокӣ барои Ман бисоз, ва қурбониҳои сӯхтании худ ва қурбониҳои саломатии худро аз гӯсфандон ва говони худ бар он тақдим намо; дар ҳар ҷое ки Ман зикри исми Худро муқаррар намоям, Ман назди ту омада, туро баракат хоҳам дод.

25 Ва агар қурбонгоҳи сангин барои Ман бисозӣ, онро аз сангҳои тарошида бино накун; зеро ки агар афзоли худро ба он бирасонӣ, онро палид хоҳӣ кард.

26 Ва бар қурбонгоҳи Ман бо зинапоя набаро, то ки аврати ту бар он яла нашавад“».

21

БОБИ БИСТУ ЯКУМ

Фароиз дар бораи ғуломон, қатл ва зиёни ҷисмонӣ.

1 «Ва ин аст фароизе ки ба онҳо пешниҳод хоҳӣ кард:

2 Агар ғуломи ибрӣ бихарӣ, бигзор ӯ шаш сол кор кунад, ва дар соли ҳафтум муфт ба озодӣ барояд.

3 Агар ӯ танҳо омада бошад, бигзор танҳо барояд; агар соҳиби зан бошад, бигзор занаш бо ӯ барояд.

4 Агар оғояш зане ба ӯ дода бошад, ва вай барои ӯ писарон ё духтарон зоида бошад, бигзор зан ва бачагонаш назди оғои ӯ бимонанд, ва ӯ танҳо барояд.

5 Вале агар он ғулом гӯяд: „Оғои худ, занам ва бачагонамро дӯст медорам, намехоҳам ба озодӣ бароям“, —

6 Бигзор оғояш ӯро назди худоён+ 21:6 Яъне назди доварон. биёрад, ва ӯро ба дар ё ба паҳлударӣ наздик оварад, ва оғояш гӯши ӯро бо бигиз сӯрох кунад, ва ӯ якумрӣ ғуломи вай хоҳад буд.

7 Ва агар касе духтари худро ба канизӣ бифрӯшад, вай мисли баромадани ғуломон наметавонад барояд.

8 Агар вай ба назари оғояш, ки варо барои худ номзад карда буд, писанд наомада бошад, бигзор ӯ имконият диҳад, ки барои вай фидия диҳанд; аммо ӯ ҳақ надорад, ки варо ба қавми бегонае бифрӯшад, дар сурате ки худаш дар ҳаққи вай хиёнат кардааст.

9 Ва агар ӯ варо барои писари худ номзад кунад, бигзор нисбат ба вай мувофиқи ҳуқуқи духтарон рафтор намояд.

10 Агар ӯ зани дигаре барои худ гирад, набояд зани аввалро аз хӯрок, либос ва ҳуқуқи заношӯӣ маҳрум кунад.

11 Ва агар ин се тадбирро барои вай наандешад, бигзор вай муфт, бе фидия барояд.

12 Ҳар кӣ касеро бизанад, ва он кас бимирад, бигзор вай маҳкуми қатл гардад.

13 Вале агар вай қасдан амал накарда бошад, балки Худо он касро зери дасти вай рост оварда бошад, — Ман маконе барои ту муқаррар хоҳам кард, то ки вай ба он ҷо бигрезад.

14 Ва агар шахсе ба ёри худ қасд карда бошад, ки варо бо роҳи фиреб бикушад, — варо аз пеши қурбонгоҳи Ман гирифта, ба қатл бирасон.

15 Ва ҳар кӣ падар ё модари худро бизанад, бигзор вай маҳқуми қатл гардад.

16 Ва ҳар кӣ касеро дуздида бифрӯшад, ё ӯ дар дасташ ёфт шавад, бигзор вай маҳкуми қатл гардад.

17 Ва ҳар кӣ падар ё модари худро таҳқир намояд, бигзор вай маҳкуми қатл гардад.

18 Ва агар одамон хархаша карда, яке дигареро бо санг ё бо мушт бизанад, ва ӯ намирад, балки бемори бистарӣ шавад, —

19 Агар ӯ бархезад ва бо асо дар кӯча роҳ равад, он гоҳ шахсе ки ӯро задааст, аз ҷазо фориғ хоҳад буд; аммо вай бояд талофии бекории ӯро бидиҳад ва харҷи табобаташро адо намояд.

20 Ва агар шахсе ғуломи худ ё канизи худро бо таёқе бизанад, ва ӯ зери дасти вай якбора бимирад, — вай бояд махкуми интиқом гардад.

21 Вале агар ӯ як‐ду рӯз зинда монад, — набояд вай маҳкуми интиқом гардад, зеро ки ӯ зархариди вай аст.

22 Ва агар одамон дастбагиребон шаванд, ва зани ҳомиладорро бизананд, ва ӯ бача афтонад, вале зарари дигаре ба ӯ нарасад, — айбдор бо ҷаримае ҷазо дода мешавад, вақте ки шавҳари зан онро аз вай талаб кунад, ва онро вай бояд мувофиҳи ҳукми доварон адо намояд.

23 Ва агар зараре ба ӯ расад, он гоҳ ҷон дар ивази ҷон бидеҳ,

24 Чашм дар ивази чашм, дандон дар ивази дандон, даст дар ивази даст, пой дар ивази пой,

25 Сӯзониш дар ивази сӯзониш, ҷароҳат дар ивази ҷароҳат, лат дар ивази лат.

26 Ва агар касе чашми ғуломи худ ё чашми канизи худро бизанад, ва онро маиб кунад, — бигзор варо дар ивази чашмаш озод карда фиристад.

27 Ва агар дандони ғуломи худ ё дандони канизи худро зада ғалтонад, — бигзор варо дар ивази дандонаш озод карда фиристад.

28 Ва агар гове мард ё занро шох занад, ва ӯ бимирад, — он говро бояд сангсор кунанд ва гӯшташро нахӯранд; вале соҳиби гов айбдор нест.

29 Ва агар гов дирӯз ва парирӯз ҳам шохзан бошад, ва соҳибаш аз ин огоҳӣ ёфт, вале онро саришта накард, ва он марде ё занеро кушт, — бигзор говро сангсор кунанд, ва низ соҳибашро ба қатл расонанд.

30 Агар бар вай фидия гузошта шавад, бигзор вай фидияи ҷони худро, ҳар қадар ки бар вай гузошта шуда бошад, адо намояд.

31 Агар писаре ё духтареро шох зада бошад, мувофиқи ҳамин фариза бояд ба вай амал кунанд.

32 Агар гов ғуломе ё канизеро шох занад, — сӣ сиқл нуқра ба оғои ӯ бояд дода шавад, ва гов сангсор карда шавад.

33 Агар касе чоҳеро кушояд, ё касе чоҳе канад, ва онро напӯшонад, ва гове ё харе дар он афтад —

34 Соҳиби чоҳ бояд товони онро адо намояд, яъне ба соҳиби он нуқра бидиҳад, ва лоша аз они ӯ хоҳад буд.

35 Ва агар гови касе гови ёри ӯро шох занад, ва он бимирад, — бигзор гови зиндаро фурӯхта, пулашро тақсим кунанд; ва низ гови мурдаро тақсим кунанд.

36 Ё агар маълум шуда бошад, ки он гов дирӯз ва парирӯз ҳам шохзан буд, вале соҳибаш онро саришта накард, — ӯ бояд гове дар ивази гов бидиҳад, ва гови мурда аз они ӯ хоҳад буд.

22

БОБИ БИСТУ ДУЮМ

Фароиз дар бораи моликият; дастурот дар бораи дӯст доштани ёр.

1 Агар касе гове ё гӯсфанде бидуздад, ва онро бикушад ё бифрӯшад, — бояд дар ивази гов панҷ гов, ва дар ивази гӯсфанд чор гӯсфанд бидиҳад.

2 Агар дуздеро шабона дар вақти рахна карданаш дида, тавре занандаш, ки вай бимирад, — барои вай гуноҳи хунрезӣ нахоҳад буд.

3 Аммо агар бар вай офтоб тулӯъ карда бошад, — барои вай гуноҳи хун ҳаст, вай бояд албатта товон бидиҳад; агар вай чизе надошта бошад, вай бояд барои талофии дуздиаш фурӯхта шавад.

4 Агар чизи дуздидаи вай, аз гов то хар ва гӯсфанд, дар дасташ зинда ёфт шавад, — вай бояд дучанд товон бидиҳад.

5 Агар касе киштзоре ё токзореро талаф кунонида бошад, яъне чорпоёни худро сар дода, киштзори каси дигарро нобуд карда бошад, — вай бояд беҳтарин киштзори худ ва беҳтарин токзори худро барои товони он бидиҳад.

6 Агар оташе баромада, хорҳоро фаро гирад, ва бандҳои ғалла ё хӯшаҳои нодаравида ё киштзорро бисӯзонад, — ҳар кӣ ин сӯхторро ба вуҷуд оварда бошад, бояд албатта товонашро бидиҳад.

7 Агар касе нуқра ё колоеро назди ёри худ амонат бимонад, ва амонаташ аз хонаи он шахс дуздида шавад, — агар дузд ёфт шавад, вай бояд дучанд товон бидиҳад;

8 Аммо агар дузд ёфт нашавад, — бигзор соҳиби хона назди доварон оварда шавад, то қасаме ёд кунад, ки ба моликияти ёри худ даст дароз накардааст.

9 Дар ҳар масъалаи ҷанҷолӣ оид ба гов, хар, гӯсфанд, либос ва ҳар чизи гумшуда, ки касе даъвои он дошта бошад, кори ҳар ду бояд назди доварон оварда шавад; ҳар киро доварон айбдор кунанд, вай бояд ба ёри худ дучанд товон бидиҳад.

10 Агар касе назди ёри худ харе, ё гове, ё гӯсфанде ва ё ҳар чорпои дигарро амонат бимонад, ва он бимирад, ё пояш бишканад, ё дузде онро бибарад, ба тавре ки шоҳид набошад, —

11 Бигзор қасами Худованд дар миёни ҳар ду ба кор бурда шавад дар бораи он ки дасти худро ба моликияти ёри худ дароз накардааст; ва соҳибаш бояд қабул кунад, ва он кас товон надиҳад.

12 Вале агар аз ӯ дуздида шавад, ӯ бояд ба соҳибаш товон бидиҳад.

13 Агар дарида шавад, бояд онро барои исбот кардан биёрад; барои даридашуда товон нахоҳад дод.

14 Ва агар касе аз ёри худ ҳайвонеро ба орият бигирад, ва он маиб шавад ё бимирад, дар сурате ки соҳибаш бо он набошад, — он кас бояд албатта товон бидиҳад.

15 Агар соҳибаш бо он бошад, — товон нахоҳад дод; агар он киро карда шуда бошад, — товонаш ба киропулӣ дохил шудааст.

16 Ва агар касе дӯшизаеро, ки номзад нашудааст, фирефта намуда, бо вай бихуспад, — ӯ бояд маҳр дода, варо барои худ ба занӣ бигирад.

17 Агар падари вай розӣ нашавад, ки варо ба ӯ бидиҳад, — ӯ бояд баробари маҳри дӯшизагон нуқра бидиҳад.

18 Ҷодугарро зинда намон.

19 Ҳар кӣ бо ҳайвоне алоқаи ҷинси кунад, — бояд албатта кушта шавад.

20 Касе ки барои худоён, ҷуз Худованди ягона, қурбонӣ кунад, — бояд маҳв карда шавад.

21 Ва ғарибро фиреб надеҳ, ва ӯро ба танг наовар, зеро ки дар замини Миср ғариб будед.

22 Ҳеҷ як бевазан ва ятимро азият надиҳед.

23 Агар ӯро азият диҳӣ, ва ӯ сӯи Ман нола кунад, — Ман нолаи ӯро хоҳам шунид,

24 Ва хашми Ман аланга хоҳад зад, ва Ман шуморо бо шамшер хоҳам кушт, ва занони шумо бева, ва фарзандони шумо ятим хоҳанд шуд.

25 Агар ба камбағале аз миёни қавми Ман, ки ҳамсояи ту бошад, пул қарз диҳӣ, — ба вай мисли қарзхоҳ рафтор накун: суде ба гардани вай бор накун.

26 Агар либоси ёри худро ба гарав гирӣ, то вақти ғуруби офтоб онро ба вай баргардон,

27 Зеро ки он ягона пӯшоки вай аст, либосе барои бадани вай аст; пас, вай чӣ пӯшида хоб равад? Ва агар вай сӯи Ман нола кунад, — Ман хоҳам шунид, зеро ки Ман карим ҳастам.

28 Доваронро таҳқир накун, ва ба раисе ки дар қавми туст, лаънат нагӯй.

29 Дар овардани навбари ҳосилоти худ ва маҳсули чархушти худ даранг накун; нахустзодаи писаронатро ба Ман бидеҳ.

30 Бо гов ва гӯсфанди худ низ чунин бикун; бигзор ҳафт рӯз назди модари худ бошад, дар рӯзи ҳаштум онро ба Ман бидеҳ.

31 Ва барои Ман одамони муқаддас хоҳед буд, ва гӯштеро, ки дар саҳро дарида шудааст, нахӯред; онро назди сагон бипартоед.

23

БОБИ БИСТУ СЕЮМ

Фароиз дар бораи адолат ва дар бораи дӯст доштани ёр.

1 Овозаи бекораро ба забон нарон; дасти худро ба шарир надеҳ, то ки шоҳиди козиб бошӣ.

2 Аксариятро дар роҳи бадкорӣ пайравӣ накун, ва дар мурофиа бар хилофи виҷдони худ шаҳодат надеҳ, то ки моил ба аксарият шуда, ба каҷкорӣ сабаб гардӣ.

3 Ва нисбат ба камбағал дар мурофиаи вай рӯбинӣ накун.

4 Агар гов ё хари гумшудаи душманатро биёбӣ, — онро албатта ба ӯ баргардон.

5 Агар хари душманатро бубинӣ, ки зери бораш афтида хобидааст, — онро ба ҳолаш вогузор накун, балки ҳамроҳи ӯ бори онро фурор.

6 Ҳукуқи камбағали худро дар мурофиаи ӯ поймол накун.

7 Аз гапи дурӯғ канорагирӣ намо; ва бегуноху одилро накуш, зеро ки Ман шарирро сафед нахоҳам кард.

8 Ва ришва нагир, зеро ки ришва биноёнро кӯр мегардонад, ва суханони одилонро таҳриф мекунад.

9 Ва ғарибро ба танг наовар; ва шумо аз дили ғариб хабардор ҳастед, зеро ки дар замини Миср ғариб будед.

Фароиз дар бораи рӯзи ҳафтум ва соли ҳафтум.

10 Ва шаш сол замини худро киштукор намо, ва ҳосилашро ҷамъ кун;

11 Ва дар соли ҳафтум онро ором гузор ва тарк намо, то ки камбағалони қавмат аз он бихӯранд, ва он чи аз онҳо боқӣ монад, ҳайвоноти саҳро бихӯранд; бо токзори худ ва бо дарахтони зайтуни худ низ чунин амал намо.

12 Шаш рӯз корҳои худро ба ҷо овар, ва дар рӯзи ҳафтум ором гир, то ки говат ва харат фароғат ёбад, ва писари канизат ва ғариб истироҳат кунанд.

13 Ва ҳар он чиро, ки Ман ба шумо гуфтаам, риоя намоед; ва номи худоёни дигарро зикр накунед, он аз забонатон шунида нашавад.

Фароиз дар бораи се ид.

14 Се маротиба ҳар сол барои Ман ид бикун:

15 Иди фатирро риоя намо; ҳафт рӯз, чунон ки ба ту амр фармудаам, дар вақти муайяни моҳи абиб фатир бихӯр, зеро ки дар он вақт ту аз Миср берун омадаӣ; ва бигзор ба ҳузури Ман тиҳидаст наоянд;

16 Ва иди дарави навбари ғалладонаи худро, ки дар саҳро кишт кардаӣ; ва иди ҷамъовариро дар охири сол, вақте ки ҳосили меҳнати худро аз саҳро ҷамъ кардаӣ.

17 Соле се маротиба тамоми наринаи ту бояд ба ҳузури Худованди Парвардигор ҳозир шаванд.

18 Хуни қурбонии Маро бо якҷоягии хамиртуруш тақдим накун, ва чарбуи қурбонии идонаи Ман то субҳ боқӣ намонад.

19 Навбари аввалини заминатро ба хонаи Худованд Худои худ биёр. Бузғоларо дар шири модари он напаз.

Ваъдаҳо дар бораи замини Канъон.

20 Инак, Ман фариштае пешопеши ту мефиристам, то ки туро дар роҳ нигаҳбонӣ карда, ба маконе ки муҳайё намудаам, бирасонад.

21 Аз вай эҳтиёт шав ва ба овозаш гӯш деҳ; ба вай мухолифат нанамо, зеро ки вай гуноҳи шуморо афв нахоҳад кард, чунки исми Ман андаруни вай аст.

22 Агар ту ба овози вай гӯш диҳӣ, ва ҳар он чи Ман бигӯям, ба ҷо оварӣ, он гоҳ Ман ба душманони ту душман хоҳам буд, ва ба бадхоҳонат бадхоҳӣ хоҳам кард.

23 Зеро ки фариштаи Ман пешопеши ту равона шуда, туро ба сӯи амӯриён, ва ҳиттиён, ва фариззиён, ва канъониён, ва ҳиввиён, ва ябусиён хоҳад овард, ва Ман онҳоро несту нобуд хоҳам кард.

24 Ба худоёни онҳо саҷда набар, ва онҳоро ибодат нанамо, ва мисли аъмоли онҳо амал накун, балки онҳоро торумор соз, ва ҳайкалҳошонро албатта бишкан.

25 Ва Худованд Худои худро ибодат намоед, ва ӯ нони ту ва оби туро баракат хоҳад дод; ва Ман бемориҳоро аз миёни ту дур хоҳам кард.

26 Дар замини ту зани бачапарто ва нозой нахоҳад буд; шумораи рӯзҳоятро пурра хоҳам кард.

27 Ҳайбати Худро пешопеши ту хоҳам фиристод, ва ҳар қавмеро, ки ту наздашон биёӣ, ба изтироб хоҳам афканд, ва ҳамаи душманонатро аз пеши ту дар гурез хоҳам андохт.

28 Ва пешопеши ту занб ӯрҳоро хоҳам фиристод, ва онҳо ҳиввиён, ва канъониён ва ҳиттиёнро аз пеши ту бадар хоҳанд ронд.

29 Онҳоро аз пеши ту дар як сол бадар нахоҳам ронд, мабодо замин валангор гардад, ва ҳайвоноти саҳро бар зарари ту афзун шаванд.

30 Онҳоро аз пеши ту кам‐кам бадар хоҳам ронд, то ки ту афзоиш ёфта, заминро ба тасарруфи худ дароварӣ.

31 Ва худуди туро аз баҳри Қулзум то баҳри фалиштиён, ва аз биёбон то наҳри Фурот муқаррар хоҳам кард; зеро ки сокинони ин заминро ба дасти шумо хоҳам супурд, ва ту онҳоро аз пеши худ бадар хоҳӣ ронд.

32 Бо онҳо ва бо худоёнашон аҳд набанд.

33 Бигзор онҳо дар замини ту сукунат надошта бошанд, мабодо туро бар зидди Ман осӣ гардонанд, ва ту худоёни онҳоро ибодат намоӣ, ва ин барои ту санги роҳ гардад».

24

БОБИ БИСТУ ЧОРУМ

Дар бораи хаймаи ҷомеъ. Ба Худо саҷда бурдани қавм.

1 Ва Ӯ ба Мусо гуфт: «Сӯи Худованд боло баро, ту ва Ҳорун, Нодоб ва Абиҳу, ва ҳафтод нафар аз пирони Исроил, ва аз дур саҷда баред;

2 Ва бигзор Мусо танҳо ба Худованд наздик ояд, ва онҳо наздик наоянд; ва қавм бо ӯ боло набароянд».

3 Ва Мусо омада, ҳамаи суханони Худованд ва тамоми фароизро ба қавм ҳикоят кард; ва тамоми қавм бо як овоз ҷавоб гардонида, гуфтанд: «Ҳамаи суханонеро, ки Худованд гуфтааст, ба ҷо хоҳем овард».

4 Ва Мусо ҳамаи суханони Худовандро навишт, ва бомдодон бармаҳал бархоста, қурбонгоҳе дар домани кӯҳ, ва дувоздаҳ сутун, мувофиқи дувоздаҳ сибти Исроил, бино кард.

5 Ва ҷавононро аз миёни банӣ‐Исроил фиристод, ва онҳо қурбониҳои сӯхтанӣ тақдим намуданд, ва қурбониҳои саломатӣ аз говон барои Худованд забҳ карданд.

6 Ва Мусо нисфи хунро гирифта, дар тосҳо рехт, ва нисфи хунро бар қурбонгоҳ пошид;

7 Ва китоби аҳдро гирифта, ба самъи қавм хонд, ва онҳо гуфтанд: «Ҳар он чи Худованд гуфтааст, ба амал хоҳем овард ва гӯш хоҳем дод».

8 Ва Мусо хунро гирифта, бар қавм пошид, ва гуфт: «Ин аст хуни аҳде ки Худованд бар ҳамаи ин суханон бо шумо бастааст».

9 Ва Мусо бо Ҳорун, Нодоб ва Абиҳу ва ҳафтод нафар аз пирони Исроил боло баромад.

10 Ва онҳо Худои Исроилро диданд, ва зери поҳои Ӯ чизе монанди хиштҳои ёқути кабуд, ва мисли асли осмон зулол буд.

11 Ва Ӯ бар гузинони банӣ‐Исроил дасти Худро дароз накард, ва онҳо Худоро диданд, ва хӯрданд ва нӯшиданд.

12 Ва Худованд ба Мусо гуфт: «Назди Ман ба кӯҳ баро ва дар он ҷо бош, ва Ман алвоҳи санг ва Таврот ва аҳкомеро, ки барои таълим додан навиштаам, ба ту хоҳам дод».

13 Ва Мусо бо Еҳушаъ бархост, ва Мусо ба кӯҳи Худо баромад.

14 Ва ба пирон гуфт: «Дар ин ҷо ба мо мунтазир истед, то вақте ки назди шумо баргардем, ва инак, Ҳорун ва Ҳур бо шумо хоҳанд буд; бигзор ҳар кӣ даъво дошта бошад, назди онҳо ояд».

15 Ва Мусо ба кӯҳ баромад, ва абр кӯҳро пӯшонид.

16 Ва ҷалоли Худованд бар кӯҳи Сино маскан гирифт, ва шаш рӯз абр онро пӯшонид, ва дар рӯзи ҳафтум Ӯ Мусоро аз миёни абр хонд.

17 Ва намуди ҷалоли Худованд мисли оташи сӯзанда дар назари банӣ‐Исроил бар қуллаи кӯҳ буд.

18 Ва Мусо андаруни абр дохил шуда, ба кӯҳ баромад; ва Мусо чил рӯз ва чил шаб бар кӯҳ буд.

25

БОБИ БИСТУ ПАНҶУМ

Мусо бар кӯҳи Сино.

1 Ва Худо ба Мусо сухан ронда, гуфт:

2 «Ба банӣ‐Исроил бигӯ, ки барои Ман ҳадия бигиранд; аз ҳар касе ки дилаш ба додани бахшиш моил бошад, ҳадияи Маро бигиред.

3 Ва ин аст ҳадияе ки аз онҳо бояд бигиред: тилло, ва нуқра, ва мис;

4 Ва лоҷвард, ва арғувон, ва қирмиз, ва катони нозук, ва пашми буз;

5 Ва пӯсти қӯчқор, ки сурх бошад, ва пӯсти тӯҳс, ва чӯби ақоқиё;

6 Равған барои чароғҳо; атриёт барои равғани тадҳин ва барои бухури муаттар;

7 Сангҳои ҷазъ ва сангҳои тарсеъ барои эфӯд ва барои синабанд+ 25:7 эфӯд ва барои синабанд — либосҳои рӯи саркоҳин, ки тасвири муфассали онҳо дар боби 28 дода шудааст..

8 Ва бигзор онҳо барои Ман қудсе бисозанд, ва Ман дар миёни онҳо сокин хоҳам шуд.

9 Мувофиқи ҳар он чи Ман ба ту нишон медиҳам, — ҳам тарҳи маскан ва ҳам тарҳи тамоми колои онро, — ончунон бисозед.

Дар бораи маскан ва сандуқи аҳд.

10 Ва бигзор сандуқе аз чӯби ақоқиё бисозанд, ки дарозияш дую ним зироъ, ва фарохияш якуним зироъ, ва қадаш якуним зироъ бошад.

11 Ва онро бо тиллои холис бипӯшон, — аз дарун ва аз берун онро бипӯшон, — ва бар он гирдогирд афсари тилло бисоз.

12 Ва барои он чор ҳалқаи тилло бисоз, ва бар чор гӯшаи он васл намо: ду ҳалқаро бар як паҳлуяш, ва ду ҳалқаро бар паҳлуи дигараш.

13 Ва дастакҳо аз чӯби ақоқиё сохта, онҳоро бо тилло бипӯшон.

14 Ва он дастакҳоро ба ҳалқаҳое ки бар паҳлуҳои сандуқ ҳаст, дохил намо, то ки сандуқ ба воситаи онҳо бардошта шавад.

15 Он дастакҳо бояд дар ҳалқаҳои сандуқ бимонад, ва набояд аз он дур карда шавад.

16 Ва шаҳодатеро, ки Ман ба ту медиҳам, дар сандуқ бимон.

17 Ва сарпӯше аз тиллои холис бисоз, ки дарозияш дую ним зироъ, ва фарохияш якуним зироъ бошад.

18 Ва ду каррубӣ аз тилло бисоз, — онҳоро яклухт, аз ду канори сарпӯш бисоз.

19 Ва як каррубиро аз ин канор, ва каррубии дигарро аз он канор бисоз; каррубиёнро аз худи сарпӯш бар ду канори он бисозед.

20 Ва каррубиён болҳоро дар боло паҳн карда, сарпӯшро бо болҳои худ хоҳанд пӯшонид, ва рӯйҳошон сӯи якдигар хоҳад буд; рӯйҳои каррубиён сӯи сарпӯш нигарон хоҳад буд.

21 Ва сарпӯшро бар сандуқ аз боло бимон; ва шаҳодатеро, ки ба ту медиҳам, андаруни сандуқ бимон.

22 Ва дар он ҷо Ман ба ту зоҳир гардида, аз болои сарпӯш, аз миёни ду каррубие ки бар сандуқи шаҳодат мебошанд, бо ту сухан хоҳам ронд дар бораи ҳар он чи ба воситаи ту ба банӣ‐Исроил амр хоҳам фармуд.

Дар бораи нонҳои тақдим.

23 Ва мизе аз чӯби ақоқиё бисоз, ки дарозияш ду зироъ, ва фарохияш як зироъ, ва қадаш якуним зироъ бошад.

24 Ва онро бо тиллои холис бипӯшон; ва гирдогирдаш афсари тилло бисоз.

25 Ва чорчӯбае гирдогирди он ба андозаи як қабза бисоз; ва афсари тилло гирдогирди чорчӯбаи он бисоз.

26 Ва чор ҳалқаи тилло барои он бисоз; ва ҳалқаҳоро бар чор гӯшаи чор почаи он барқарор намо.

27 Ҳалқаҳо бояд ба баландии чорчӯба мувофиқ буда, ҳамчун хонаҳои дастакҳо барои бардоштани миз хизмат кунад.

28 Ва дастакҳоро аз чӯби ақоқиё бисоз, ва онҳоро бо тилло бипӯшон, ва мизро ба воситаи онҳо хоҳанд бардошт.

29 Ва табақҳои он, ва қошуқҳои он, ва тосҳои он, ва пиёлаҳои онро, ки ҳадияи рехтаниро ба воситаи онҳо мерезанд, бисоз; онҳоро аз тиллои холис бисоз.

30 Ва нони тақдимро бар миз ҳамеша ба ҳузури Ман бимон.

Дар бораи чароғдони тилло

31 Ва чароғдоне аз тиллои холис бисоз; бигзор чароғдон яклухт сохта шавад; поя ва шохаҳои он, қуббаҳо, ғунчаҳо ва гулҳои он бояд аз худи он бошад.

32 Ва шаш шоха бояд аз паҳлуҳои он берун ояд: се шохаи чароғдон аз як паҳлуяш, ва се шохаи чароғдон аз паҳлуи дигараш.

33 Се қуббаи монанди гули бодом дар як шоха, бо ғунча ва гул, ва се қуббаи монанди гули бодом дар шохаи дигар, бо ғунча ва гул; ҳамчунин дар шаш шохае ки аз чароғдон берун меояд.

34 Ва дар пояи чароғдон чор қуббаи монанди гули бодом бо ғунчаҳо ва гулҳои он.

35 Ва ғунчае зери ду шохаи он, ва ғунчае зери ду шохаи он, ва ғунчае зери ду шохаи он, — барои шаш шохае ки аз чароғдон берун меояд.

36 Ғунчаҳояш ва шохаҳояш бояд аз худи он бошад, — он куллиятан яклухт аз тиллои холис бошад.

37 Ва ҳафт адад барояш чароғ бисоз; ва чароғҳояш бояд тавре даргиронида шавад, ки ба тарафи чароғи миёна рӯшноӣ диҳад.

38 Ва анбӯрҳо ва маҷмарҳои он аз тиллои холис бошад.

39 Бигзор онро бо тамоми ин коло аз як киккар тиллои холис бисозанд.

40 Ва эҳтиёт намо, ки онҳоро мувофиқи намунае ки дар кӯҳ ба ту нишон дода шуд, бисозӣ.

26

БОБИ БИСТУ ШАШУМ

Дар бораи чодирҳо ва болопӯш аз пӯсти қӯчқор.

1 Ва масканро аз даҳ чодири катони нозуки дутоба, ва лоҷвард, ва арғувон, ва қирмиз бисоз, ва каррубиёнро бо бофти санъаткорона бар онҳо нақш намо.

2 Дарозии ҳар як чодир бисту ҳашт зироъ, ва фарохии ҳар як чодир чор зироъ бошад; ҳамаи чодирҳо ба як андоза бошад.

3 Панҷ чодир бояд бо ҳамдигар пайванд карда шавад, ва панҷ чодири дигар бо ҳамдигар пайванд карда шавад.

4 Ва тугмахонаҳо аз лоҷвард бар лаби як чодире ки дар канори пайвандкунӣ мебошад, бисоз; ва бар лаби чодири канори пайвандкунии дуюм низ чунин бисоз.

5 Панҷоҳ тугмахона дар як чодир бисоз, ва панҷоҳ тугмахона дар канори чодире ки дар пайвандкунии дуюм мебошад, бисоз, — тугмахонаҳо бояд дар рӯ ба рӯи ҳамдигар бошад.

6 Ва панҷоҳ чангаки тилло бисоз; ва чодирҳоро бо чангакҳо ба якдигар пайванд намо, — ва маскан яклухт хоҳад шуд.

7 Сипас чодирҳо аз пашми буз бисоз, то ки хаймае бар маскан бошад; ёздаҳ адад чунин чодирҳо бисоз.

8 Дарозии ҳар як чодир сӣ зироъ, ва фарохии ҳар як чодир чор зироъ бошад; ёздаҳ чодир ба як андоза бошад.

9 Ва панҷ чодирро алоҳида, ва шаш чодирро алоҳида пайванд намо; ва чодири шашумро аз тарафи пеши хайма дуқат бикун.

10 Ва панҷоҳ тугмахона бар лаби як чодире ки дар канори пайвандкунӣ мебошад, бисоз, ва панҷоҳ тугмахона бар лаби чодири пайвандкунии дуюм.

11 Ва панҷоҳ чангаки мисин бисоз, ва чангакҳоро ба тугмахонаҳо дохил бикун, ва хаймаро пайванд намо, — ва он яклухт хоҳад шуд.

12 Ва канори зиёдатии чодирҳои хайма, яъне нисфи чодире ки зиёдатӣ кардааст, бигзор дар қафои маскан овезон бошад.

13 Ва зирое аз як тараф ва зирое аз тарафи дигар, ки аз дарозии чодирҳои хайма зиёдатӣ мекунад, бигзор дар паҳлуҳои маскан аз як тараф ва аз тарафи дигар овезон бошад, то ки онро бипӯшонад.

14 Ва болопӯше барои хайма аз пӯстҳои қӯчқор, ки сурх бошад, бисоз, ва болопӯше аз пӯстҳои тӯҳс аз болои он.

Дар бораи тахтаҳо.

15 Ва тахтаҳо, ки меистода бошад, барои маскан аз чӯби ақоқиё бисоз.

16 Дарозии ҳар як тахта даҳ зироъ бошад, ва фарохии ҳар як тахта — якуним зироъ.

17 Ва дар ҳар тахта ду дандонаи мутавозии якдигар бошад; дар ҳамаи тахтаҳои маскан чунин бисоз.

18 Ва тахтаҳо барои маскан бисоз: бист тахта барои тарафи ҷанубӣ.

19 Ва чил пояи нуқра зери бист тахта бисоз: ду поя зери як тахта барои ду дандонаи он, ва ду поя зери тахтаи дигар барои ду дандонаи он.

20 Ва барои тарафи дигари маскан, барои тарафи шимолӣ — бист тахта.

21 Ва чил пояи нуқра барои онҳо: ду поя зери як тахта, ва ду поя зери тахтаи дигар.

22 Ва барои қафои маскан, ки тарафи ғарбист, шаш тахта бисоз.

23 Ва барои гӯшаҳои маскан, дар қафо, ду тахта бисоз.

24 Ва бигзор онҳо аз поён пайваст карда шавад, ва аз боло низ якҷоя дар як ҳалқа пайванд гардад; барои ҳар ду чунин бишавад, яъне онҳо барои ҳар ду гӯша бошад.

25 Ва ба ҳамин тариқ ҳашт тахта хоҳад буд, ва пояҳои нуқра барои онҳо, ҷамъ шонздаҳ поя: ду поя зери як тахта, ва ду поя зери тахтаи дигар.

26 Ва ғалақаҳо аз чӯби ақоқиё бисоз: панҷ адад барои тахтаҳои як тарафи маскан,

27 Ва панҷ ғалақа барои тахтаҳои тарафи дигари маскан, ва панҷ ғалақа барои тахтаҳои тарафи қафои маскан, ба самти ғарб.

28 Ва ғалақаи миёна аз даруни тахтаҳо аз ин сар то он сар мегузарад.

29 Ва тахтаҳоро бо тилло бипӯшон, ва ҳалқаҳои онҳоро, ки хонаҳои ғалақаҳо бошад, аз тилло бисоз; ва ғалақаҳоро бо тилло бипӯшон.

30 Ва масканро барпо намо, мувофиқи дастуре ки дар кӯҳ ба ту нишон дода шуд.

Дар бораи пардаҳои маскан.

31 Ва пардае аз лоҷвард ва арғувон ва қирмиз ва катони нозуки дутоба бисоз; бо бофти санъаткорона онро бо каррубиён бисоз.

32 Ва онро бар чор сутуни ақоқиё биовез, ки онҳо бо тилло пӯшонида шуда бошанд, илмакҳошон аз тилло бошад, бар чор пояи нуқра истода бошанд.

33 Ва пардаро зери чангакҳо биовез; ва сандуқи шаҳодатро ба он ҷо, дар қафои парда биёр, ва парда қудсро барои шумо аз қудси қудсҳо ҷудо хоҳад кард.

34 Ва сарпӯшро бар сандуқи шаҳодат дар қудси қудсҳо бимон.

35 Ва мизро аз беруни парда, ва чароғдонро дар рӯ ба рӯи миз, ба тарафи ҷанубии маскан бимон; ва мизро ба татафи шимолии он ҷойгир кун.

36 Ва пардае барои даромадгоҳи хайма аз лоҷвард ва арғувон ва қирмиз ва катони нозуки дутоба бо санъати гулдӯзӣ бисоз.

37 Ва барои парда панҷ сутун аз чӯби ақоқиё бисоз, ва онҳоро бо тилло бипӯшон, ва илмакҳошон аз тилло бошад; ва барои онҳо панҷ пояи мисин бирез.

27

БОБИ БИСТУ ҲАФТУМ

Дар бораи қурбонгоҳи мисин.

1 Ва қурбонгоҳе аз чӯби ақоқиё бисоз, ки дарозияш панҷ зироъ, ва фарохияш панҷ зироъ, яъне қурбонгоҳи мураббаъ бошад; ва қадаш се зироъ.

2 Ва шохҳои онро бар чор гӯшаи он бисоз, ба тавре ки шохҳояш аз худи он бошад; ва онро бо мис бипӯшон.

3 Ва тосҳояшро барои баровардани хокистараш, ва хокандозҳояш ва косаҳояш ва чанголҳояш ва маҷмарҳояшро бисоз; тамоми колояшро аз мис бисоз.

4 Ва барояш панҷарае аз мис ба сурати шабака бисоз, ва бар он шабака чор ҳалқаи мисин, бар чор гӯшааш, бисоз.

5 Ва онро зери канораи қурбонгоҳ аз поён бимон, ба тавре ки шабака то нисфи қурбонгоҳ бошад.

6 Ва дастакҳо барои қурбонгоҳ бисоз, дастакҳо аз чӯби ақоқиё бошад, ва онҳоро бо мис бипӯшон.

7 Ва дастакҳояшро ба ҳалқаҳо бигзаронанд; ва дастакҳо дар ҳар ду паҳлуи қурбонгоҳ бошад, вақте ки онро бардоранд.

8 Онро аз тахтаҳо дарунхолӣ бисоз; бигзор ончунон, ки дар кӯҳ ба ту нишон дода шуд, бисозанд.

Дар бораи саҳни маскан.

9 Ва саҳни масканро бисоз; ба тарафи ҷанубӣ пардаҳо барои саҳн аз катони нозуки дутоба бошад, дарозии онҳо ба як тараф сад зироъ бошад.

10 Ва сутунҳояш бист адад, ва пояҳои онҳо бист адад аз мис бошад; илмакҳои сутунҳо ва бандҳои онҳо аз нуқра бошад.

11 Ва ҳамчунин ба дарозии тарафи шимолӣ пардаҳо сад зироъ дарозӣ дошта бошад, ва сутунҳои он бист адад, ва пояҳои онҳо бист адад аз мис бошад; илмакҳои сутунҳо ва бандҳошон аз нуқра бошад.

12 Ва ба фарохии саҳн ба тарафи ғарбӣ пардаҳо панҷоҳ зироъ бошад; сутунҳошон даҳ адад, ва пояҳошон даҳ адад.

13 Ва фарохии саҳн ба тарафи офтоббарои шарқӣ панҷоҳ зироъ бошад.

14 Ва пардаҳои як паҳлуи дарвоза понздаҳ зироъ; сутунҳошон се адад, ва пояҳошон се адад.

15 Ва пардаҳои паҳлуи дигари он понздаҳ зироъ; сутунҳошон се адад, ва пояҳошон се адад.

Дар бораи пардаи дарвозаи саҳн.

16 Ва барои дарвозаи саҳн бист зироъ парда аз лоҷвард ва арғувон ва қирмиз ва катони нозуки дутоба бо санъати гулдӯзӣ бошад; сутунҳошон чор адад, ва пояҳошон чор адад.

17 Ҳамаи сутунҳои саҳн гирдогирд бо бандҳои нуқрагин пайваст буда, илмакҳошон аз нуқра, ва пояҳошон аз мис бошад.

18 Дарозии саҳн сад зироъ, ва фарохияш панҷоҳ зироъ дар муқобили панҷоҳ зироъ, ва қадаш панҷ зироъ, ва пардаҳояш аз катони нозуки дутоба, ва пояҳои сутунҳояш аз мис бошад.

19 Тамоми колои маскан барои ҳар хизматаш, ва ҳамаи мехҳояш ва ҳамаи мехҳои саҳн аз мис бошад.

Дар бораи равғани зайтуни зулол барои рӯшноӣ.

20 Ва ту ба банӣ‐Исроил амр фармо, ки равғани зайтуни зулоли кӯфташуда барои рӯшноӣ назди ту биёранд, то ки чароғҳо доимо афрӯхта шавад.

21 Дар хаймаи ҷомеъ, берун аз пардае ки бар сандуқи шаҳодат аст, бигзор онро Ҳорун ва писаронаш аз шом то субҳ ба ҳузури Худованд барафрӯзанд; ин фароизи абадӣ насл ба насли онҳо аз банӣ‐Исроил хоҳад буд.

28

БОБИ БИСТУ ҲАШТУМ

Дар бораи каҳонат умуман.

1 Ва ту бародарат Ҳорун ва писаронашро бо вай, аз миёни банӣ‐Исроил, ба худ муқарраб бикун, то ки вай ба Ман каҳонат намояд: Ҳорун, Нодоб ва Абиҳу, Элъозор ва Итомор, писарони Ҳорун.

2 Ва либосҳои муқаддас барои бародарат Ҳорун, аз баҳри иззат ва шукӯҳ бисоз.

3 Ва ту ба ҳамаи донодилон, ки Ман дили онҳоро аз рӯҳи ҳикмат пур сохтаам, сухан бирон, ки либосҳои Ҳорунро барои тақдис кардани вай бисозанд, то ки вай ба Ман каҳонат намояд.

Дар бораи либосҳои коҳинон.

4 Ва ин аст либосҳое ки бояд бисозанд: синабанд ва эфӯд ва ридо ва пероҳани катакчадор ва аммома ва камарбанд; ва бигзор либосҳои муқаддасро барои бародарат Ҳорун ва барои писаронаш бисозанд, то ки вай ба Ман каҳонат намояд;

5 Ва онҳо тилло ва лоҷвард, арғувон ва қирмиз ва катони нозукро бигиранд,

6 Ва эфӯдро аз тилло ва лоҷвард, арғувон ва қирмиз ва катони нозуки дутоба бо бофти санъаткорона бисозанд.

7 Ду китфпӯшаки пайвандшавандае бар ду канори он бояд бошад, то ки он пайваст шавад.

8 Ва тасмаи бандубасти он, ки бар он аст, бояд бо ҳамон санъат, аз худи он, яъне аз лоҷвард, арғувон ва қирмиз ва катони нозуки дутоба бошад.

9 Ва ду санги ҷазъ бигир, ва номҳои банӣ‐Исроилро бар онҳо ҳак намо.

10 Шаш номи онҳоро бар як санг, ва шаш номи боқии онҳоро бар санги дигар, мувофиқи таваллудашон.

11 Бо санъати ҳаккоки санг, мисли ҳакки мӯҳр, номҳои банӣ‐Исроилро бар ду санг ҳак намо; онҳоро дар нигинхонаҳои тилло бинишон.

12 Ва ин ду сангро бар китфпӯшакҳои эфӯд ҷойгир намо, ки сангҳои ёдгорӣ барои банӣ‐Исроил бошад; ва бигзор Ҳорун номҳои онҳоро ба ҳузури Худованд бар ду китфи худ барои ёдгорӣ бардорад.

13 Ва нигинхонаҳо аз тилло бисоз,

14 Ва ду занҷир аз тиллои холис; онҳоро ба шакли танобе, бо санъати бофти морпеч бисоз; ва занҷирҳои морпечро ба нигинхонаҳо андармон бикун.

15 Ва синабанди довариро бо бофти санъаткорона бисоз, бо ҳамон санъате ки эфӯдро бофтаӣ, яъне онро аз тилло, лоҷвард, арғувон ва қирмиз ва катони нозуки дутоба бисоз.

16 Он бояд мураббаъ, дуқабата, дарозияш як ваҷаб ва фарохияш як ваҷаб бошад.

17 Ва андарунаш сангҳои нигинхонадор, чор қатор санг бинишон: қатори иборат аз лаъл, ёқути зард ва зумуррад, ки ин қатори якум аст;

18 Ва қатори дуюм — баҳрамон, ёқути кабуд ва алмос;

19 Ва қатори сеюм — ёқути тар, ақиқи сӯхта ва ҷамаст;

20 Ва қатори чорум — забарҷад, ҷазъ ва яшм; онҳо бояд бо нигинхонаҳои тилло нишонида шавад.

21 Ва ин сангҳо бояд бо номҳои банӣ‐Исроил, яъне дувоздаҳ адад бо номҳои онҳо бошад; мисли ҳакки мӯҳр, барои дувоздаҳ сибт, ки ҳар яке ба номи худаш бояд бошад.

22 Ва барои синабанд занҷирҳо ба шакли танобе бо санъати бофти морпеч аз тиллои холис бисоз.

23 Ва барои синабанд ду ҳалқаи тилло бисоз, ва ин ду ҳалқаро ба ду канори синабанд андармон бикун.

24 Ва он ду занҷири морпечро ба ин ду ҳалқа бар канорҳои синабанд андармон бикун.

25 Ва ду сари дигари ду занҷири морпечро ба ду нигинхона пайванд намуда, бар китфпӯшакҳои эфӯд ба тарафи абраи он андармон бикун.

26 Ва боз ду ҳалқаи тилло бисоз, ва онҳоро бар ду канори синабанд, ба он лабаш, ки ба тарафи астари эфӯд аст, андармон бикун.

27 Ва боз ду ҳалқаи тилло бисоз, ва онҳоро бар ду китфпӯшаки эфӯд аз поён, аз тарафи абраи он, назди пайвандшавии он, аз болои тасмаи эфӯд андармон бикун.

28 Ва бигзор синабандро аз ҳалқаҳояш ба ҳалқаҳои эфӯд бо риштаи лоҷвард банд кунанд, то ки он бар тасмаи эфӯд бошад, ва синабанд аз эфӯд ҷудо нашавад.

29 Ва Ҳорун номҳои банӣ‐Исроилро дар синабанди доварӣ бар дили худ, ҳангоме ки ба қудс медарояд, барои ёдгорӣ ба ҳузури Худованд доимо хоҳад бардошт.

30 Ва урим ва туммимро+ 28:30 Урим ва туммим — сангҳои қуръа бар сари синаи саркоҳин, ки яке ҷавоби мусбӣ ва дигаре ҷавоби манфиро оид ба ягон масъалаи муҳимми ҳалталаб мефаҳмонд. дар синабанди доварӣ бимон, то ки бар дили Ҳорун, ҳангоме ки ба ҳузури Худованд медарояд, бошад; ва бигзор Ҳорун мубашшири доварии банӣ‐Исроилро бар дили худ ба ҳузури Худованд доимо бардорад.

Дар бораи ридои эфӯд ва лавҳа.

31 Ва ридои эфӯдро комилан аз лоҷвард бисоз.

32 Ва бигзор чоке барои даровардани сар дар миёнаи он бошад; лаблӯлае гирдогирди чокаш бо санъати бофтагарӣ бошад, яъне мисли гиребони ҷавшан бошад, то ки надаррад.

33 Ва дар лаби доманаш анорҳо аз лоҷвард ва арғувон ва қирмиз бисоз, ки гирдогирди домани он бошад; ва зангӯлачаҳои тилло дар миёни онҳо гирдогирд бошад.

34 Зангӯлачаи тилло ва аноре, зангӯлачаи тилло ва аноре дар лаби домани ридо гирдогирд бошад.

35 Ва он бар тани Ҳорун ҳангоми хизматгузорияш хоҳад буд, ва садои он, ҳангоме ки ӯ ба қудс ба ҳузури Худованд медарояд, ва ҳангоме ки мебарояд, шунида хоҳад шуд, то ки ӯ намирад.

36 Ва лавҳае аз тиллои холис бисоз, ва бар он, мисли ҳакки мӯҳр, чунин ҳак намо: „Муқаддас аст барои Худованд“.

37 Ва онро бо риштаи лоҷвард ба аммома бибанд, то ки ба тарафи пеши аммома бошад.

38 Ва он бар пешонии Ҳорун хоҳад буд; ва Ҳорун нуқси қурбониҳои муқаддасеро, ки банӣ‐Исроил бо ҳамаи ҳадияҳои муқаддаси худ тақдис менамоянд, хоҳад бардошт, ва он бар пешонии ӯ доимо хоҳад буд, то ки онҳо ба ҳузури Худованд таваҷҷӯҳ ёбанд.

39 Ва пероҳани катакчадоре аз катони нозук бибоф, ва аммомае аз катони нозук бисоз; ва камарбанде бо санъати гулдӯзӣ бисоз.

40 Ва барои писарони Ҳорун пероҳанҳо бисоз, ва барои онҳо камарбандҳо биссз; ва кулоҳҳо барояшон аз баҳри иззат ва шукӯҳ бисоз.

41 Ва бо онҳо бародарат Ҳорун ва писаронашро ҳамроҳи ӯ ороста намо, ва онҳоро тадҳин бикун, ва онҳоро баргумор ва тақдис намо, то ки ба Ман каҳонат кунанд.

42 Ва ба онҳо эзорҳои катон барои пӯшонидани авраташон бисоз, ки аз камар то зону бирасад;

43 Ва бигзор бар Ҳорун ва писаронаш бошад, вақте ки ба хаймаи ҷомеъ дохил мешаванд, ё ки барои хизмати қудс ба қурбонгоҳ наздик меоянд, мабодо гирифтори гуноҳ гардида, бимиранд; ин фаризаи абадист барои ӯ ва барои насли ӯ баъд аз ӯ.

29

БОБИ БИСТУ НӮҲУМ

Дар бораи тақдис кардани коҳинон ва курбониҳои ҳаррӯза.

1 Ва ин аст он чи ту бояд барои тақдис кардани онҳо ба амал оварӣ, то ки ба Ман каҳонат намоянд: як гӯсолаи нар ва ду қӯчқори беайб бигир,

2 Ва нони фатир, ва қурсҳои фатири бо равған омехташуда, ва нончаҳои тунуки ба равған молидашуда; онҳоро аз орди нарми гандум бипаз.

3 Ва онҳоро дар як сабад бимон, ва онҳоро дар сабад тақдис намо, ва гӯсола ва ду қӯчқорро низ.

4 Ва Ҳорун ва писаронашро назди даромадгоҳи хаймаи ҷомеъ биёр, ва онҳоро дар об ғусл деҳ.

5 Ва либосҳоро бигир, ва Ҳорунро бо пероҳан, ва ридои эфӯд, ва эфӯд ва синабанд ороста намо, ва бо тасман эфӯд камарашро бибанд.

6 Ва аммомаро бар сараш бипӯшон, ва афсари муқаддасро бар аммома бимон.

7 Ва равғани тадҳинро гирифта, бар сараш бирез, ва ӯро тадҳин намо.

8 Ва писаронашро наздик оварда, пероҳанҳоро ба онҳо бипӯшон.

9 Ва онҳоро, яъне Ҳорун ва писаронашро, бо камарбандҳо бибанд, ва кулоҳҳоро бар сарашон бимон, ва каҳонат барояшон фаризаи абадӣ хоҳад буд; ва Ҳорун ва писаронашро баргумор.

10 Ва гӯсоларо назди хаймаи ҷомеъ тақдим намо, ва Ҳорун ва писаронаш дастҳошонро бар сари гӯсола хоҳанд гузошт.

11 Ва гӯсоларо ба хузури Худованд назди даромадгоҳи хаймаи ҷомеъ забҳ намо.

12 Ва аз хуни гӯсола гирифта, бар шохҳои қурбонгоҳ бо ангуштонат бипош; ва тамоми хунро бар бунёди қурбонгоҳ бирез.

13 Ва тамоми чарбуеро, ки амъоро мепӯшонад, ва пардаеро, ки бар ҷигар аст, ва ду гурдаро бо чарбуе ки бар онҳост, гирифта, бар қурбонгоҳ бисӯзон.

14 Вале гӯшти гӯсола ва пӯсташ ва саргинашро берун аз ӯрдугоҳ дар оташ бисӯзон; ин қурбонии гуноҳ аст.

15 Ва як қӯчқорро бигир, ва Ҳорун ва писаронаш дастҳои худро бар сари қӯчқор бимонанд.

16 Ва қӯчқорро забҳ намо, ва хунашро гирифта, бар қурбонгоҳ гирдогирд бипош.

17 Ва қӯчқорро ба андомҳояш пора кун, ва амъояш ва почаҳояшро шустушӯ намо, ва онҳоро бар андомҳояш ва бар сараш бимон.

18 Ва тамоми қӯчқорро бар қурбонгоҳ бисӯзон, — ин қурбонии сӯхтанӣ барои Худованд аст, ин атри гуворо, қурбонии оташин барои Худованд аст.

19 Ва қӯчқори дуюмро бигир, ва Ҳорун ва писаронаш дастҳои худро бар сари қӯчқор бимонанд.

20 Ва қӯчқорро забҳ намо, ва аз хуни он гирифта, бар нармаи гӯши рости Ҳорун ва бар нармаи гӯши рости писаронаш, ва бар нарангушти дасти росташон, ва бар нарангушти пои росташон бимол; ва хунро бар қурбонгоҳ гирдогирд бипош.

21 Ва аз хуне ки бар қурбонгоҳ аст, ва аз равғани тадҳин гирифта, бар Ҳорун ва либосаш, ва бар писарони ӯ ва либосашон бо ӯ бипош; ва ӯ ва либосаш, ва писарони ӯ ва либосашон бо ӯ тақдис хоҳанд шуд.

22 Ва аз қӯчқор чарбу ва дунбаро, ва чарбуеро, ки амъоро мепӯшонад, ва пардаи ҷигар, ва ду гурда, ва чарбуеро, ки бар онҳост, ва соқи ростро бигир, зеро ки ин қӯчқори гумоштанӣ мебошад,

23 Ва низ як гирда нон, ва як қурс нони равғанин, ва як нончаи тунук аз сабади нони фатир, ки ба ҳузури Худованд аст, бигир,

24 Ва ҳамаашро бар дастҳои Ҳорун ва бар дастҳои писарони ӯ бимон, ва инро баланд бардошта, ба ҳузури Худованд чунбонида‐ҷунбонида биёр.

25 Ва инро аз дасти онҳо гирифта, бар қурбонгоҳ бо қурбонии сӯхтанӣ бисӯзон, то ки атри гуворо ба ҳузури Худованд бошад, чунки ин қурбонии оташин барои Худованд аст.

26 Ва синаи қӯчқори гумоштаниро, ки барои Ҳорун аст, бигир, ва онро баланд бардошта, ба ҳузури Худованд ҷунбонида‐ҷунбонида биёр; ва ин ҳиссаи ту хоҳад буд.

27 Ва синаи ҷунбонидашуда ва соқи баланд бардошташударо, ки аз қӯчқори гумоштании Ҳорун ва писаронаш ҷунбонида ва баланд бардошта шуд, тақдис намо.

28 Ва ин барои Ҳорун ва писаронаш фаризаи абадӣ аз ҷониби банӣ‐Исроил хоҳад буд, зеро ки ин ҳадия аст, ва ҳадия аз ҷониби банӣ‐Исроил аз қурбониҳои саломатии онҳо, яъне ҳадияи онҳо барои Худованд хоҳад буд.

29 Ва либосҳои муқаддаси Ҳорун баъд аз ӯ аз они писаронаш хоҳад буд, то ки дар онҳо тадҳин намуда ва баргумошта шаванд.

30 Ҳафт рӯз он коҳине ки ба ҷои ӯ, аз писаронаш, ба хаймаи ҷомеъ даромада, хизмати қудсро ба ҷо меоварад, бояд онҳоро бипӯшад.

31 Ва қӯчқори гумоштаниро гирифта, гӯшташро дар макони муқаддас бипаз.

32 Ва бигзор Ҳорун ва писаронаш гӯшти қӯчқорро бо ноне ки дар сабад аст, назди даромадгоҳи хаймаи ҷомеъ бихӯранд.

33 Ва онро бояд онҳое бихӯранд, ки ба воситаи он кафорат ёфтаанд, то ки баргумошта ва тақдис карда шаванд; вале бегонае набояд бихӯрад, зеро ки ин муқаддас аст.

34 Ва агар аз гӯшти гумоштанӣ ва аз нон то субҳ боқӣ монад, он бақияро дар оташ бисӯзон: онро набояд касе бихӯрад, зеро ки муқаддас аст.

35 Ва ба Ҳорун ва писаронаш ончунон амал намо, чунон ки Ман ба ту аз ҳар ҷиҳат амр фармудаам: ҳафт рӯз онҳоро баргумор.

36 Ва гӯсолаи қурбонии гуноҳро ҳар рӯз барои кафорат забҳ намо, ва қурбонгоҳро бо кафорате ки бар он мекунӣ, аз гуноҳҳо пок намо, ва онро тадҳин бикун, то ки тақдис ёбад.

37 Ҳафт рӯз бар қурбонгоҳ кафорат бикун, ва онро тақдис намо, ва қурбонгоҳ қудси қудсҳо хоҳад буд; ҳар чизе ки ба қурбонгоҳ бирасад, муқаддас хоҳад гардид.

38 Ва ин аст он чи ту бояд бар қурбонгоҳ тақдим намоӣ: барраҳои яксола, ду адад дар як рӯз, ба таври доимӣ.

39 Як барраро дар субҳ тақдим намо, ва барраи дигарро дар шомгоҳ тақдим намо.

40 Ва даҳьяк+ 29:40 даҳьяк эфа дар назар дошта шудааст, ки ба 4 литр баробар аст. аз орди маҳин, ки бо чорьяк ҳин+ 29:40 Ҳин — андозаи моеот, ки 6,65 литр аст. равғани кӯфта омехта шуда бошад, ва ҳадияи рехтанӣ ба қадри чорьяк ҳин шароб — барои як барра хоҳад буд.

41 Ва барраи дигарро дар шомгоҳ тақдим намо; барои он монанди ҳадияи ордии субҳ ва монанди ҳадияи рехтании он тақдим намо, то ки атри гуворо ва қурбонии оташин барои Худованд бошад.

42 Ин — қурбонии сӯхтании доимӣ дар наслҳои шумо назди даромадгоҳи хаймаи ҷомеъ ба хузури Худованд хоҳад буд, ки дар он ҷо ба шумо зоҳир хоҳам шуд, то ки дар он ҷо ба ту сухан гӯям.

43 Ва дар он ҷо ба банӣ‐Исроил зоҳир хоҳам шуд, ва он аз ҷалоли Ман тақдис хоҳад ёфт.

44 Ва хаймаи ҷомеъ ва қурбонгоҳро тақдис хоҳам намуд; ва Ҳорун ва писаронашро тақдис хоҳам намуд, то ки ба Ман каҳонат кунанд.

45 Ва дар миёни банӣ‐Исроил сокин хоҳам шуд, ва барои онҳо Худо хоҳам буд.

46 Ва хоҳанд донист, ки Ман Худованд Худои онҳо ҳастам, ки онҳоро аз замини Миср берун овардаам, то ки дар миёни онҳо сокин шавам; Ман Худованд Худои онҳо ҳастам.

30

БОБИ СИЮМ

Дар бораи қурбонгоҳи тилло ва тақдим кардани қурбониҳо.

1 Ва қурбонгоҳе барои сӯзонидани бухур бисоз; онро аз чӯби ақоқиё бисоз.

2 Дарозияш як зироъ ва фарохияш як зироъ, яъне мураббаъ бошад, ва қадаш ду зироъ; шохҳояш аз худаш бошад.

3 Ва онро бо тиллои холис бипӯшон, — бомаш ва деворҳояшро гирдогирд ва шохҳояшро; ва афсари тилло барояш гирдогирд бисоз.

4 Ва ду ҳалқаи тилло барояш аз таги афсараш бисоз, — бар ду паҳлуяш, яъне бар ду тарафаш бисоз; ва онҳо хонаҳои дастакҳо бошад, то ки онро ба воситаи онҳо бардоранд.

5 Ва дастакҳоро аз чӯби ақоқиё бисоз, ва онҳоро бо тилло бипӯшон.

6 Ва онро пеши пардае ки назди сандуқи шаҳодат аст, ҷойгир кун, яъне ба рӯи сарпӯше ки бар сандуқи шаҳодат аст, ки Ман дар он ҷо ба ту зоҳир хоҳам шуд.

7 Ва Ҳорун бухури муаттар бар он хоҳад сӯзонид; ҳар субҳ, вақте ки чароғҳоро ба тартиб меоварад, онро хоҳад сӯзонид.

8 Ва ҳангоме ки Ҳорун чароғҳоро дар шомгоҳ бармеафрӯзад, онро хоҳад сӯзонид; ин бухури доимӣ ба ҳузури Худованд дар наслҳои шумо хоҳад буд.

9 Ҳеҷ бухури дигаре ва қурбонии сӯхтанӣ ва ҳадияи ордӣ бар он тақдим накунед; ва ҳадияи рехтанӣ бар он нарезед.

10 Ва Ҳорун соле як маротиба бар шохҳои он кафорат хоҳад намуд, аз хуни қурбонии гуноҳ, ки барои кафорат бошад, соле як маротиба бар он дар наслҳои шумо кафорат хоҳад намуд; ин қудси қудсҳост барои Худованд».

11 Ва Худованд ба Мусо сухан ронда, гуфт:

12 «Вақте ки саршумори банӣ‐Исроилро бар тибқи онҳое ки дар шумор оварда шудаанд, пайдо мекунӣ, бигзор ҳар кас фидияи ҷони худро, ҳангоми шумурда шуданашон, ба Худованд бидиҳад, то ки ба онҳо, ҳангоми шумурда шуданашон, вабое рӯй надиҳад.

13 Ҳар касе ки аз саршуморӣ мегузарад, бояд ин фидияро бидиҳад: ним сиқл бо сиқли муқаддас+ 30:13 Сиқли муқаддас — ба ду сиқли оддӣ, яъне тақрибан ба 33 грамм тилло ё ба 29 грамм нуқра баробар буд., ки як сиқл аз бист геро иборат аст; ним сиқл ҳадияи Худованд аст.

14 Ҳар касе ки аз саршуморӣ мегузарад, аз синни бистсола ва болотар, бояд ҳадияи Худовандро бидиҳад.

15 Сарватдор аз ним сиқл зиёд надиҳад, ва камбағал аз он кам надиҳад, вақте ки ҳадияи Худовандро барои кафорати ҷонҳои худ адо мекунед.

16 Ва нуқраи кафоратро аз банӣ‐Исроил бигир, ва онро барои хизмати хаймаи чомеъ бидеҳ; ва ин барои банӣ‐Исроил ёдгорӣ ба ҳузури Худованд, барои кафорати ҷонҳои шумо хоҳад буд».

17 Ва Худованд ба Мусо сухан ронда, гуфт:

18 «Ва лагани мисин барои шустушӯ бисоз, ки пояаш мисин бошад; ва онро дар миёни хаймаи ҷомеъ ва қурбонгоҳ бимон, ва об дар он бирез.

19 Ва бигзор Ҳорун ва писаронаш дастҳо ва пойҳои худро аз он бишӯянд:

20 Вақте ки ба хаймаи ҷомеъ меоянд, бо об шустушӯ кунанд, то ки намиранд; ё вақте ки барои хизмат кардан ва сӯзонидани қурбонии оташин барои Худованд ба қурбонгоҳ наздик мешаванд,

21 Бигзор дастҳо ва пойҳои худро бишӯянд, то ки намиранд. Ва ин барои онҳо, яъне барои ӯ ва зурьёташ дар наслҳои онҳо, фаризаи абадӣ хоҳад буд».

22 Ва Худованд ба Мусо сухан ронда, гуфт:

23 «Ва ту атриёти беҳтарине бигир: аз мурри чакида панҷсад мисқол, ва аз дорчини хушбӯй ба қадри нисфи он, яъне дусаду панҷоҳ мисқол, ва аз наи атрогин дусаду панҷоҳ мисқол,

24 Ва пӯсти дарахти хушбӯй панҷсад мисқол, ва равғани зайтун як ҳин.

25 Ва аз инҳо равғани тадҳини муқаддас бисоз, атре ки бо санъати атрсозӣ сохта шуда бошад; ин равғани тадҳини муқаддас хоҳад буд.

26 Ва хаймаи ҷомеъ ва сандуқи шаҳодатро бо он тадҳин намо,

27 Ва мизро бо тамоми колои он, ва чароғдонро бо тамоми колои он, ва қурбонгоҳи бухурро,

28 Ва қурбонгоҳи қурбонии сӯхтаниро бо тамоми колои он, ва лаганро бо пояи он.

29 Ва онҳоро тақдис намо, ва онҳо қудси қудсҳо хоҳад буд; ҳар чизе ки ба онҳо бирасад, муқаддас хоҳад гардид.

30 Ва Ҳорун ва писаронашро тадҳин бикун, ва онҳоро тақдис намо, то ки ба Ман каҳонат кунанд.

31 Ва ба банӣ‐Исроил сухан ронда, бигӯ: „Ин барои Ман равғани тадҳини муқаддас дар наслҳои шумо хоҳад буд.

32 Ва он бар бадани ҳар одам набояд рехта шавад, ва мувофиқи таркибаш чизе мисли он насозед; он муқаддас аст, ва барои шумо муқаддас хоҳад буд.

33 Ҳар кӣ мисли он таркиб диҳад, ва ё аз он бар шахси бегонае бимолад, аз миёни қавми худ маҳв хоҳад шуд“».

34 Ва Худованд ба Мусо гуфт: «Барои худ атриёт, чунончи: нотоф, шҳелет ва ҳелбано бигир, ва лебӯнои пок+ 30:34 нотоф, шҳелет ва ҳелбано бигир, ва лебӯнои — набототи атрогин, ки шираи (чакидаи) онҳо ба кор бурда мешуд. низ, ки вазнаш баробари ин атриёт бошад.

35 Ва аз онҳо бухур бисоз, атре ки бо санъати атрсозӣ сохта шуда бошад, намакин, пок, муқаддас бошад.

36 Ва аз он як қадар бикӯб, ва онро пеши сандуқи шаҳодат дар хаймаи ҷомеъ, ки Ман дар он ҷо ба ту зоҳир хоҳам шуд, бимон; ин барои шумо қудси қудсҳо хоҳад буд.

37 Ва ин бухуре ки ту месозӣ, мувофиқи таркиби он барои худ насозед; бигзор он назди ту барои Худованд муқаддас бошад.

38 Ҳар кӣ мисли он барои бӯидан бисозад, аз миёни қавми худ маҳв хоҳад шуд».

31

БОБИ СИЮ ЯКУМ

Дастурот ба касоне ки дар сохтани хайма кор кардаанд.

1 Ва Худованд ба Мусо сухан ронда, гуфт:

2 «Диққат намо, ки Ман Басалъил ибни Урӣ ибни Ҳурро аз сибти Яҳудо ба ном хондаам.

3 Ва Ман ӯро аз Рӯҳи Худо, аз ҳикмат ва фаҳм ва дониш ва ҳар ҳунар пур кардаам,

4 То ки санъатҳоро омӯхта, бо тилло, нуқра ва мис кор кунад,

5 Ва сангҳоро барои мурассаъкорӣ ҳак намояд, ва чӯбтарош гардида, ҳар корро ба ҷо оварад.

6 Ва инак, Ман Оҳолиоб ибни Аҳисомокро аз сибти Дон мададгори ӯ таъин намудаам, ва ба дили ҳар каси донодил ҳикмат бахшидаам, то ҳар он чиро, ки ба ту амр фармудаам, ба амал оваранд:

7 Хаймаи ҷомеъ, ва сандуқи шаҳодат, ва сарпӯше ки бар он аст, ва тамоми колои хайма,

8 Ва миз ва колояш, ва чароғдони тиллои холис ва тамоми колояш, ва қурбонгоҳи бухур,

9 Ва қурбонгоҳи қурбонии сӯхтанӣ ва тамоми колояш, ва лаган ва пояаш,

10 Ва либоси хизматӣ, ва либоси муқаддас барои Ҳоруни коҳин, ва либоси писаронаш барои каҳонат,

11 Ва равғани тадҳин, ва бухури муаттар барои қудс, — ҳамаашро ончунон, ки ба ту амр фармудаам, онҳо ба амал хоҳанд овард».

Шанбе ҳамчун аломат дар миёни Худованд ва Исроил.

12 Ва Худованд ба Мусо сухан ронда, гуфт:

13 «Ва ту ба банӣ‐Исроил сухан ронда, бигӯ: „Аммо шанбеҳои Маро риоя намоед, зеро ки ин дар миёни Ман ва шумо дар наслҳои шумо аломате хоҳад буд, то бидонанд, ки Ман Худованд ҳастам, ки шуморо тақдис мекунам.

14 Ва шанберо риоя намоед, зеро ки он барои шумо муқаддас аст; палидкунандагони он бигзор кушта шаванд, зеро ҳар кӣ дар он кор кунад, ҷони вай аз миёни қавми худ маҳв хоҳад шуд.

15 Шаш рӯз бигзор кор карда шавад, ва дар рӯзи ҳафтум шанбеи оромии комил аст, ки муқаддас барои Худованд аст; ҳар кӣ дар рӯзи шанбе кор кунад, бигзор кушта шавад.

16 Ва бигзор банӣ‐Исроил шанберо риоя намоянд: шанберо дар наслҳои худ ҳамчун аҳди абадӣ ба ҷо оваранд.

17 Он дар миёни Ман ва банӣ‐Исроил аломати абадист, зеро ки Худованд дар шаш рӯз осмон ва заминро офарид, ва дар рӯзи ҳафтум ором гирифта, фароғат намуд“».

18 Ва ба Мусо, вақте ки суханро бо вай дар кӯҳи Сино ба итмом расонид, ду лавҳи шаҳодат, алвоҳи сангин дод, ки бо ангушти Худо бар онҳо навишта шуда буд.

32

БОБИ СИЮ ДУЮМ

Қавм майл ба бутпарастӣ мекунанд.

1 Ва қавм чун диданд, ки Мусо дар фуромадан аз кӯҳ даранг мекунад, қавм назди Ҳорун ҷамъ шуда, ба ӯ гуфтанд: «Бархоста, барои мо худоёне бисоз, ки пешопеши мо равона бошанд, зеро ин шахс, яъне Мусо, ки моро аз замини Миср берун овард, намедонем, ки ба вай чӣ ҳодиса рӯй додааст».

2 Ва Ҳорун ба онҳо гуфт: «Ҳалқаҳои тиллоеро, ки дар гӯшҳои занон, писарон ва духтарони шумост, кашида, назди ман биёред».

3 Ва тамоми қавм ҳалқаҳои тиллоеро, ки дар гӯшҳошон буд, кашида, назди Ҳорун оварданд.

4 Ва онҳоро аз дасташон гирифта, бо қалами ҳаккокӣ ба шакле даровард, ва гӯсолаи рехтае аз он сохт; ва гуфтанд: «Ин аст худои ту, эй Исроил, ки туро аз замини Миср берун овард!»

5 Ва Ҳорун инро дида, қурбонгоҳе пеши он бино кард, ва Ҳорун эълон намуда, гуфт: «Фардо ид аст барои Худованд!»

6 Ва фардои он бармаҳал бархоста, қурбониҳои сӯхтанӣ тақдим намуданд, ва қурбониҳои саломатӣ забҳ карданд; ва қавм барои хӯрдан ва нӯшидан нишастанд, ва барои рақсу бозӣ бархостанд.

7 Ва Худованд ба Мусо гуфт: «Шитоб намуда фурӯд ой, зеро қавми ту, ки аз замини Миср берун овардаӣ, фосид шудаанд;

8 Аз роҳе ки ба онҳо амр фармудаам, зуд дур шудаанд, гӯсолаи рехтае барои худ сохта, пеши он саҷда бурдаанд ва барои он забҳ карда, гуфтаанд: „Ин аст худои ту, эй Исроил, ки туро аз замини Миср берун овард!“»

9 Ва Худованд ба Мусо гуфт: «Ин қавмро дидаам, ва инак, қавми гарданкаш мебошанд;

10 Ва алҳол Маро бигзор, то ки ғазабам бар онҳо аланга зада, онҳоро маҳв намоям, ва туро қавми бузурге гардонам».

Мусо шафоат менамояд.

11 Вале Мусо ба ҳузури Худованд Худои худ тазаррӯъ намуда, гуфт: «Чаро, эй Худованд, ғазаби Ту бар қавмат, ки бо қуввати азим ва дасти зӯровар онҳоро аз замини Миср берун овардаӣ, аланга занад?

12 Чаро мисриён сухан ронда, гӯянд: „Онҳоро бо қасди бад берун овард, то ки онҳоро дар кӯҳҳо бикушад ва аз рӯи замин маҳв намояд“? Аз шиддати ғазаби худ баргард, ва қасди бади талаф кардани қавми Худро ботил намо;

13 Бандагони Худ Иброҳим, Исҳоқ ва Яъқубро ба ёд овар, ки барои онҳо ба Зоти Худ қасам ёд карда, ба онҳо гуфтаӣ: „Насли шуморо мисли ситорагони осмон афзун хоҳам кард; ва тамоми ин заминро, ки дар бораи он сухан рондаам, ба насли шумо хоҳам дод, ва онро ба сурати абадӣ тасарруф хоҳанд намуд“».

14 Ва Худованд он бадиро, ки гуфта буд, ки ба сари қавми Худ хоҳад овард, ботил намуд.

Доварии Худо.

15 Ва Мусо тоб хӯрда, аз кӯҳ фурӯд омад, ва ду лавҳи шаҳодат дар дасташ буд, алвоҳе ки аз ду тарафаш навишта шуда буд: онҳо аз ин тараф ва аз он тараф навишта шуда буд.

16 Ва ин алвоҳ санъати Худо буд, ва навишта навиштаи Худо буд, ки бар алвоҳ ҳак карда шуда буд.

17 Ва Еҳушаъ садои қавмро, ки ғавғо мекарданд, шунида, ба Мусо гуфт: «Дар ӯрдугоҳ садои ҷанг аст».

18 Вале ӯ гуфт:

«Ин садои ғулғуладори ғалаба нест,

ва садои дилхароши мағлубият нест,

балки садои ваҷдро ман мешунавам».

19 Ва ҳангоме ки ба ӯрдугоҳ наздик омада, гӯсола ва рақсҳоро дид, хашми Мусо аланга зад, ва ӯ алвоҳро аз дастҳояш партофт, ва онҳоро зери кӯҳ шикаст.

20 Ва гӯсоларо, ки сохта буданд, гирифта, дар оташ сӯзонид, ва кӯфта, хока гардонид, ва бар рӯи об пошида, банӣ‐Исроилро нӯшонид.

21 Ва Мусо ба Ҳорун гуфт: «Ин қавм ба ту чӣ карда буданд, ки бар онҳо гуноҳи азиме овардӣ?»

22 Ва Ҳорун гуфт: «Бигзор хашми оғоям аланга назанад; ту ин қавмро мешиносӣ, ки ба бадкорӣ омӯхта шудаанд.

23 Ва онҳо ба ман гуфтанд: „Барои мо худое бисоз, то ки пешопеши мо равона шавад, зеро ки ин шахс, яъне Мусо, ки моро аз замини Миср берун овард, намедонем, ки ба вай чӣ ҳодиса рӯй додааст“.

24 Ва ман ба онҳо гуфтам: „Ҳар кӣ тилло дорад, бикашад“. Ва ба ман доданд, ва онро дар оташ андохтам, ва ин гӯсола баромад».

25 Ва Мусо ин қавмро дид, ки лаҷомгусехта шудаанд, зеро ки Ҳорун онҳоро ба дараҷаи лаҷомгусехтагӣ расонида буд, ба дараҷае ки пеши бадхоҳонашон расво хоҳанд шуд.

26 Ва Мусо назди дарвозаи ӯрдугоҳ истода, гуфт: «Ҳар кӣ ба тарафи Худованд бошад, назди ман ояд!» Ва ҳамаи писарони Левӣ назди ӯ ҷамъ шуданд.

27 Ва ӯ ба онҳо гуфт: «Худованд Худои Исроил чунин мегӯяд: „Ҳар яке шамшери худро бар рони худ бимонед, дар ӯрдугоҳ аз ин дарвоза то он дарвоза гузар кунед ва баргардед, ва ҳар яке бародари худро, ва ҳар яке ёри худро, ва ҳар яке хеши худро бикушед“».

28 Ва писарони Левӣ мувофиқи амри Мусо амал карданд; ва аз қавм тақрибан се ҳазор нафар фурӯ ғалтиданд.

29 Ва Мусо гуфт: «Имрӯз шумо дастҳои худро барои Худованд тақдис намудед, зеро ки ҳар яке ба писари худ ва ба бародари худ тааддӣ кардед, то ки имрӯз сазовори баракати Ӯ гардед».

Мусо қавмро аз гуноҳашон тавба дода, барои онҳо шафоат менамояд.

30 Ва фардои он Мусо ба қавм гуфт: «Шумо гуноҳи азиме кардаед; ва алҳол ман назди Худованд боло мебароям, шояд гуноҳи шуморо кафорат кунонам».

31 Ва Мусо назди Худованд баргашта, гуфт: «Оҳ, ин қавм гуноҳи азиме карда, худои тиллое барои худ сохтаанд.

32 Ва алҳол хуб мешавад, ки Ту гуноҳи онҳоро биомурзӣ, вагар на, маро аз китоби Худ, ки навиштаӣ, маҳв намо».

33 Ва Худованд ба Мусо гуфт: «Ҳар кӣ пеши Ман гуноҳ кардааст, варо аз китоби Худ маҳв хоҳам намуд.

34 Ва алҳол рафта, ин қавмро ба он ҷое ки ба ту гуфтаам, бибар; инак, фариштаи Ман пешопеши ту хоҳад рафт; вале дар рӯзи ҷазо доданам онҳоро барои ин гуноҳашон ба ҷазо мустаҳиқ хоҳам кард».

35 Ва Худованд қавмро барои кирдорашон бо гӯсолае ки Ҳорун сохта буд, бо вабое зарба зад.

33

БОБИ СИЮ СЕЮМ

Давоми сафар.

1 Ва Худованд ба Мусо гуфт: «Роҳсипор шуда, аз ин ҷо баро, — ту ва ин қавме ки аз замини Миср баровардаӣ, сӯи замине ки Ман дар бораи он ба Иброҳим, Исҳоқ ва Яъқуб қасам хӯрда, гуфтаам: „Онро ба насли ту хоҳам дод“, —

2 Ва фариштае пешопеши ту хоҳам фиристод, ва канъониён, амӯриён, ҳиттиён, фариззиён, ҳиввиён ва ябусиёнро бадар хоҳам ронд, —

3 Сӯи замине ки шир ва асал дар он ҷорист; зеро ки Ман дар миёни шумо нахоҳам рафт, чунки шумо қавми гарданкаш ҳастед, мабодо шуморо дар аснои роҳ маҳв кунам».

4 Ва ҳамин ки қавм ин сухани бадро шуниданд, мотам гирифта, ҳеҷ яке зебу зинати худро бар худ нагузоштанд.

5 Ва Худованд ба Мусо гуфт: «Ба банӣ‐Исроил бигӯ: „Шумо қавми гарданкаш ҳастед; агар Ман лаҳзае дар миёни шумо биравам, шуморо маҳв менамоям. Ва алҳол зебу зинати худро аз худ дур созед, ва Ман мебинам, ки бо шумо чӣ кунам“».

6 Ва банӣ‐Исроил зебу зинати худро аз кӯҳи Ҳӯриб аз худ дур карданд.

Хаймаи ҷомеъ берун аз ӯрдугоҳ.

7 Ва Мусо хаймаи худро гирифта, берун аз ӯрдугоҳ, дур аз ӯрдугоҳ барафрошт, ва онро хаймаи чомеъ номид; ва ҳар касе ки толиби Худованд буд, сӯи хаймаи ҷомеъ, ки берун аз ӯрдугоҳ буд, мебаромад.

8 Ва ҳангоме ки Мусо сӯи хайма мебаромад, тамоми қавм бархоста, ҳар яке ба дари хаймаи худ меистоданд, ва аз ақиби Мусо то даме ки ӯ ба хайма медаромад, нигоҳ мекарданд.

9 Ва ҳангоме ки Мусо ба хайма медаромад, сутуни абр фурӯд омада, ба дари хайма меистод, ва Ӯ бо Мусо сухан меронд.

10 Ва ҳангоме ки тамоми қавм сутуни абри ба дари хайма истодаро медиданд, тамоми қавм бархоста, ҳар яке ба дари хаймаи худ саҷда мебурданд.

11 Ва Худованд ба Мусо рӯ ба рӯ сухан меронд, чунон ки касе бо ёри худ сухан меронад; ва ӯ ба ӯрдугоҳ бармегашт, ва хизматгузори ӯ, Еҳушаъ ибни Нуни ҷавон, аз хайма дур намешуд.

Дуои Мусо.

12 Ва Мусо ба Худованд гуфт: «Инак, Ту ба ман мегӯӣ: „Ин қавмро бибар“, вале Ту маро огоҳ накардаӣ, ки ҳамроҳи ман киро мефиристӣ, агарчи гуфтаӣ: „Ман туро ба номат шинохтаам, ва ту манзури назари Ман шудаӣ“.

13 Ва алҳол, агар ман манзури назари Ту шуда бошам, лутфан, роҳҳои Худро ба ман маълум намо, то ки Туро бишносам ва манзури назари Ту гардам; ва Ту ба эътибор гир, ки ин мардум қавми Ту ҳастанд».

14 Ва Ӯ гуфт: «Худам хоҳам омад, то ки ба ту оромӣ бахшам».

15 Ва ба Ӯ гуфт: «Агар Худат наоӣ, моро аз ин ҷо набар.

16 Зеро, аз чӣ маълум шавад, ки ман ва қавми Ту манзури назари Ту шудаем? Оё на аз он ки Ту бо мо биёӣ? Ва дар он сурат ман ва қавми Ту аз ҳамаи қавмҳое ки дар рӯи замин ҳастанд, мумтоз хоҳем шуд».

17 Ва Худованд ба Мусо гуфт: «Ин корро низ, ки гуфтаӣ, Ман хоҳам кард, зеро ки ту манзури назари Ман шудаӣ, ва Ман туро бо номат шинохтаам».

18 Ва ӯ гуфт: «Лутфан, ҷалоли Худро ба ман бинамой».

19 Ва Ӯ гуфт: «Ман тамоми ҷалолати Худро аз пеши ту мегузаронам, ва исми Худовандро пеши ту мехонам; ва карим мешавам ба ҳар кӣ сазовори карам аст, ва раҳим мешавам ба ҳар кӣ сазовори раҳм аст».

20 Ва Ӯ гуфт: «Ту рӯи Маро наметавонӣ бубинӣ, зеро ки одамизод наметавонад Маро бубинад ва зинда монад».

21 Ва Худованд гуфт: «Инак ҷое назди Ман аст: бар ин сахра биист.

22 Ва ҳангоме ки ҷалоли Ман гузар кунад, Ман туро дар шикофи сахра гузошта, бо кафи дасти Худ туро хоҳам пӯшонид, то даме ки бигзарам.

23 Ва ҳамин ки кафи дастамро дур кунам, ту қафои Маро хоҳӣ дид; вале рӯи Ман намудор нахоҳад шуд».

34

БОБИ СИЮ ЧОРУМ

Алвоҳи дуюм.

1 Ва Худованд ба Мусо гуфт: «Барои худ ду лавҳи сангин мисли аввала битарош, ва Ман суханонеро, ки бар алвоҳи аввалин буд, ва ту онҳоро шикастӣ, бар ин алвоҳ хоҳам навишт.

2 Ва барои субҳ тайёр бош, ва субҳгоҳ ба кӯҳи Сино баро, ва дар он ҷо бар қуллаи кӯҳ ба Ман мунтазир биист.

3 Ва касе набояд бо ту барояд, ва низ касе набояд дар тамоми кӯҳ дида шавад; гӯсфандон ва говон низ набояд дар рӯ ба рӯи ин кӯҳ чаро кунанд».

4 Ва Мусо ду лавҳи сангин мисли аввала тарошид, ва бомдодон бархоста, ба кӯҳи Сино баромад, чунон ки Худованд ба ӯ амр фармуда буд; ва ду лавҳи сангинро ба дасти худ гирифт.

Дуюмбора зоҳир шудани Худо.

5 Ва Худованд дар абр фурӯд омада, дар он ҷо бо ӯ биистод, ва исми Худовандро хонд.

6 Ва Худованд аз пеши ӯ гузашта, нидо кард: «Худованд, Худованд, Худои раҳим ва карим, собир ва пур аз эҳсону вафо,

7 Ки марҳаматро барои ҳазорон насл нигоҳ медорад, гуноҳ ва маъсият ва хаторо меомурзад, вале осиёнро беҷазо намегузорад; барои гуноҳи падарон писарон ва писарони писаронро то насли сеюм ва чорум ҷазо медиҳад».

8 Ва Мусо шитобон то ба замин хам шуда, саҷда бурд,

9 Ва гуфт: «Агар ман манзури назари Ту, эй Худованд, шуда бошам, бигзор Худованд дар миёни мо равона шавад, зеро ки онҳо қавми гарданкаш ҳастанд, — ва Ту гуноҳҳо ва хатоҳои моро биомурз, ва моро мероси Худ гардон».

10 Ва Ӯ гуфт: «Инак, Ман аҳд мебандам: пеши назари тамоми қавми ту мӯъҷизоте ба амал меоварам, ки дар тамоми дуньё ва дар ҳамаи халқҳо ба амал наомадааст; ва тамоми қавме ки ту дар миёнашон мебошӣ, амали Худовандро хоҳанд дид, зеро он чи Ман барои ту мекунам, саҳмгин аст.

11 Он чиро, ки Ман ба ту имрӯз амр мефармоям, риоят намо; инак, Ман амӯриён, канъониён, ҳиттиён, фариззиён, ҳиввиён ва ябусиёнро аз пеши ту бадар хоҳам ронд.

12 Эҳтиёт намо, ки бо сокинони замине ки ба он ҷо меравӣ, аҳд набандӣ, мабодо дар миёни шумо доме гардад,

13 Балки қурбонгоҳҳои онҳоро хароб кунед, ва сутунҳои онҳоро бишканед, ва Ашераҳои онҳоро маҳв намоед,

14 Чунки ту набояд ба худои дигаре саҷда барӣ, зеро Худованд, ки исмаш ғаюр аст, Худои ғаюр мебошад.

15 Мабодо бо сокинони он замин аҳд бандӣ, ки онҳо худоёни худро фосидона пайравӣ намуда, барои худоёни худ қурбонӣ мекунанд, ва туро таклиф менамоянд, ва ту аз қурбонии онҳо мехӯрӣ,

16 Ва аз духтарони онҳо барои писарони худ мегирӣ, ва духтарони онҳо худоёни худро фосидона пайравӣ намуда, писарони туро фосид мегардонанд, то ки худоёни онҳоро пайравӣ кунанд.

17 Худоёни рехта барои худ насоз.

Аҳком дар бораи идҳо ва шанбе.

18 Иди фатирро риоят намо: ҳафт рӯз, чунон ки ба ту амр фармудаам, дар мӯҳлати муайяни моҳи абиб фатир биҳӯр, зеро ки дар моҳи абиб аз Миср берун омадаӣ.

19 Ҳар раҳимкушо аз они Ман аст, ва ҳар раҳимкушои наринаи чорпои ту, хоҳ аз гов бошад хоҳ аз гӯсфанд.

20 Ва барои раҳимкушои ҳар баррае фидия бидеҳ, ва агар фидия надиҳӣ, гарданашро бишкан; барои ҳар нахустзодаи писаронат фидия бидеҳ. Ва ба ҳузури Ман тиҳидаст наоянд.

21 Шаш рӯз кор кун, ва дар рӯзи ҳафтум истироҳат намо; дар мавсими шудгор ва дарав низ истироҳати шанберо риоят намо.

22 Ва иди ҳафтаҳоро дар мавсими дарави навбари гандум ба ҷо овар; ва иди ҷамъовариро дар гардиши сол.

23 Соле се маротиба тамоми наринаи ту бояд ба ҳузури Худованди Парвардигор, Худои Исроил ҳозир шаванд.

24 Зеро ки Ман халқҳоро аз пеши ту бадар хоҳам ронд, ва ҳудуди туро васеъ хоҳам кард; ва ҳангоме ки ту соле се маротиба омада, ба ҳузури Худованд Худои худ ҳозир мешавӣ, ҳеҷ кас замини туро тамаъ нахоҳад кард.

25 Хуни қурбонии Маро бар хамиртуруш нарез, ва қурбонии иди фисҳ то субҳ боқӣ намонад.

26 Навбари аввалини заминатро ба хонаи Худованд Худои худ биёр, бузғоларо дар шири модари он напаз».

27 Ва Худованд ба Мусо гуфт: «Ту ин суханонро бинавис, зеро ки мувофиқи ин суханон бо ту ва бо Исроил аҳд бастаам».

28 Ва ӯ дар он ҷо чил рӯз ва чил шаб назди Худованд буд, нон нахӯрд ва об нанӯшид; ва суханони аҳд, яъне даҳ аҳкомро бар алвоҳ навишт.

29 Ва ҳангоме ки Мусо аз кӯҳи Сино фурӯд меомад, — ва ду лавҳи шаҳодат дар дасти Мусо буд, вақте ки ӯ аз кӯҳ фурӯд меомад, — Мусо надонист, ки пӯсти чеҳрааш, ба сабаби гуфтугӯи Худо бо ӯ, медурахшид.

30 Ва Ҳорун ва тамоми банӣ‐Исроил Мусоро диданд, ва инак, пӯсти чеҳрааш медурахшид, ва аз наздик шудан ба ӯ тарсиданд.

31 Вале Мусо онҳоро хонд, ва Ҳорун ва ҳамаи раисони ҷамоат назди ӯ баргаштанд; ва Мусо ба онҳо сухан ронд.

32 Ва баъд аз он тамоми банӣ‐Исроил наздик омаданд, ва ҳар он чиро, ки Худованд ба ӯ дар кӯҳи Сино гуфта буд, ба онҳо амр фармуд.

33 Ва ҳамин ки Мусо ба онҳо сухан ронданро ба анҷом расонид, бар рӯи худ парда пӯшонид.

34 Ва ҳангоме ки Мусо ба ҳузури Худованд медаромад, то ки бо Ӯ гуфтугӯ кунад, пардаро то вақти баромаданаш мекашид; ва баромада, он чиро, ки амр карда шуда буд, ба банӣ‐Исроил мегуфт.

35 Ва банӣ‐Исроил чеҳраи Мусоро медиданд, ки пӯсти чеҳраи Мусо медурахшад; ва Мусо боз пардаро бар рӯи худ мепӯшонид, то вақте ки барои сухан рондан бо Худо дохил шавад.

35

БОБИ СИЮ ПАНҶУМ

Дар бораи шанбе.

1 Ва Мусо тамоми ҷамоати банӣ‐Исроилро ҷамъ карда, ба онҳо гуфт: «Ин аст суханоне ки Худованд амр фармудааст, ки онҳоро ба амал оваред:

2 Шаш рӯз кор кунед, ва рӯзи ҳафтум, ки шанбеи оромии комили Худованд аст, барои шумо муқаддас хоҳад буд; ҳар кӣ дар он кор кунад, кушта хоҳад шуд.

3 Дар ҳамаи масканҳои худ дар рӯзи шанбе оташ барнаафрӯзед».

4 Ва Мусо ба тамоми ҷамоати банӣ‐Исроил сухан ронда, гуфт: «Ин аст сухане ки Худованд амр фармуда, гуфтааст:

Ҳадияҳои қавм.

5 Аз ҷониби худ ҳадияе барои Худованд бигиред; ҳар касе ки дилаш моил аст, бигзор ҳадияи Худовандро биёрад: тилло, ва нуқра, ва мис,

6 Ва лоҷвард, ва арғувон, ва қирмиз, ва катони нозук, ва пашми буз,

7 Ва пӯсти қӯчқор, ки сурх бошад, ва пӯсти тӯҳс, ва чӯби ақоқиё,

8 Ва равған барои чароғҳо, ва атриёт барои равғани тадҳин ва барои бухури муаттар,

9 Ва сангҳои ҷазъ ва сангҳои тарсеъ барои эфӯд ва барои синабанд.

10 Ва ҳамаи донодилоне ки дар миёни шумо ҳастанд, бигзор омада, он чиро, ки Худованд амр фармудааст, ба амал оваранд:

11 Маскан, хаймааш ва болопӯшаш, чангакҳояш ва тахтаҳояш, ғалақаҳояш, сутунҳояш ва пояҳояш,

12 Сандуқ ва дастакҳояш, сарпӯш ва пардаи ҷудокунанда+ 35:12 Пардае ки қудси қудсҳоро аз қудс ҷудо мекард.,

13 Миз ва дастакҳояш ва тамоми колояш, ва нони тақдим,

14 Ва чароғдон барои рӯшноӣ, ва колояш, ва чароғҳояш, ва равған барои рӯшноӣ,

15 Ва қурбонгоҳи бухур ва дастакҳояш, ва равғани тадҳин, ва бухури муаттар, ва пардаи дар барои даромадгоҳи маскан,

16 Қурбонгоҳи қурбонии сӯхтанӣ ва панҷараи мисинаш, дастакҳояш ва тамоми асбобаш, ва лаган ва пояаш,

17 Пардаҳои саҳн, сутунҳояш ва пояҳои онҳо, ва пардаи дарвозаи саҳн,

18 Мехҳои маскан, ва мехҳои саҳн, ва танобҳои онҳо,

19 Либоси хизматӣ барои хизмат кардан дар қудс, либоси муқаддас барои Ҳоруни коҳин ва либоси писаронаш барои каҳонат».

20 Ва тамоми ҷамоати банӣ‐Исроил аз пеши Мусо баромаданд.

21 Ва ҳар касе ки дилаш моил буд, ва ҳар касе ки рӯҳаш ӯро далолат менамуд, омада, ҳадияи Худовандро барои кори хаймаи ҷомеъ, ва барои тамоми хизмати он, ва барои либосҳои муқаддас меоварданд.

22 Ва мардон бо ҳамроҳии занон, ҳар касе ки дилаш моил буд, ҳалқаҳои бинӣ ва гӯш, ва ангуштарин ва гарданбанд, ҳар навъ колои тилло меоварданд, ҳар касе ки мехост пешкаши тилло барои Худованд биёрад.

23 Ва ҳар касе ки лоҷвард, ва арғувон, ва қирмиз, ва катони нозук, ва пашми буз, ва пӯсти қӯчқор, ки сурх бошад, ва пӯсти тӯҳс дошт, онро меовард.

24 Ҳар касе ки мехост нуқра ва мис ҳадия кунад, онро ҳамчун ҳадияи Худованд меовард; ва ҳар касе ки чӯби ақоқиё барои ҳар эҳтиёҷоти хизмат дошт, онро меовард.

25 Ва ҳар зани донодиле ки бо дастҳои худ мересид, ресмони лоҷвард, ва арғувон, ва қирмиз ва катони нозукро меовард.

26 Ва ҳамаи заноне ки дилашон ба ҳикмат моил буд, пашми бузро мересиданд.

27 Ва раисон сангҳои ҷазъ ва сангҳои тарсеъ барои эфӯд ва синабанд меоварданд,

28 Ва атриёт ва равған барои рӯшноӣ ва барои равғани тадҳин ва барои бухури муаттар.

29 Ҳамаи мардон ва занони банӣ‐Исроил, ки дилашон моил буд барои ҳар коре биёранд, ки ба ҷо овардани онро Худованд ба воситаи Мусо амр фармуда буд, ҳадияи ихтиёрӣ барои Худованд меоварданд.

Амр дар бораи Басалъил ва Оҳолиоб.

30 Ва Мусо ба банӣ‐Исроил гуфт: «Диққат намоед, ки Худованд Басалъил ибни Урӣ ибни Ҳурро аз сибти Яҳудо бо ном хондааст,

31 Ва ӯро аз Рӯҳи Худо, аз ҳикмат ва фаҳм ва дониш ва ҳар ҳунар пур кардааст,

32 То ки санъатҳоро омӯхта, бо тилло, нуқра ва мис кор кунад,

33 Ва сангҳоро барои мурассаъкорӣ ҳак намояд, ва чӯбтарош гардида, ҳар кори нафисро ба ҷо оварад;

34 Ва қобилияти таълимдиҳиро ба дили ӯ бахшидааст, — ба дили ӯ ва Оҳолиоб ибни Аҳисомок аз сибти Дон;

35 Ва Ӯ онҳоро аз ҳикмати дил пур кардааст, то ки амали ҳар ҳаккок, ва зарбоф, ва гулдӯзи матои лоҷвард ва арғувон ва қирмиз ва катони нозук, ва нассоҷро ба ҷо оваранд, яъне иҷрокунандагони ҳар амал ва санъаткорони бомаҳорат бошанд.

36

БОБИ СИЮ ШАШУМ

Ҳадияҳои фаровон; ибтидои сохтмон.

1 Ва Басалъил ва Оҳолиоб ва ҳамаи мардони донодил, ки Худованд ба онҳо ҳикмат ва фаҳм бахшидааст, то ки барои иҷрои ҳар амали хизмати қудс моҳир бошанд, мувофиқи ҳар он чи Худованд амр фармудааст, кор хоҳанд кард».

2 Ва Мусо Басалъил ва Оҳолиоб ва ҳар каси донодилро, ки Худованд ба дили вай ҳикмат бахшида буд, ҳар касеро, ки дилаш моил буд ба кор шурӯъ намояд, ба иҷро кардани он даъват намуд.

3 Ва тамоми ҳадияеро, ки банӣ‐Исроил барои эҳтиёҷоти хизмати қудс оварда буданд, аз пеши Мусо гирифтанд, то ки кор кунанд, ва ҳар субҳ боз назди ӯ ба таври ихтиёрӣ ҳадияҳо меоварданд.

4 Ва ҳамаи доноёне ки ҳар навъ кори қудсро ба ҷо меоварданд, ҳар яке аз ҷои хизмати худ, ки бо он машғул буд, омаданд,

5 Ва ба Мусо сухан ронда, гуфтанд: «Қавм бештар аз он чи барои иҷрои коре лозим аст, ки Худованд ба ҷо овардани онро амр фармудааст, меоваранд».

6 Ва Мусо амр фармуд, ва дар ӯрдугоҳ ҷор зада, гуфтанд: «Мардон ва занон дигар барои ҳадияи қудс кор накунанд». Ва қавм аз овардан даст кашиданд.

7 Ва масолеҳ барои иҷрои тамоми кор кифоят мекард, ва ҳатто зиёдатӣ буд.

8 Ва ҳамаи донодилон, ки бо кор машғул буданд, даҳ чодири масканро аз катони нозуки дутоба ва лоҷвард ва арғувон ва қирмиз сохтанд, ва каррубиёнро бар онҳо бо бофти санъаткорона нақш карданд.

9 Дарозии ҳар як чодир бисту ҳашт зироъ, ва фарохии ҳар як чодир чор зироъ буд; ҳамаи чодирҳо ба як андоза буд.

10 Ва панҷ чодирро ба якдигар пайванд кард, ва панҷ чодири дигарро ба якдигар пайванд кард.

11 Ва тугмахонаҳо аз лоҷвард бар лаби як чодире ки дар канори пайвандкунӣ буд, сохт; ва бар лаби чодири канории пайвандкунии дуюм низ чунин сохт.

12 Панҷоҳ тугмахона дар як чодир сохт, ва панҷоҳ тугмахона дар канори чодире ки дар пайвандкунии дуюм буд, сохт; тугмахонаҳо дар рӯ ба рӯи ҳамдигар буд.

13 Ва панҷоҳ чангаки тилло сохт, ва чодирҳоро бо чангакҳо ба якдигар пайванд намуд, — ва маскан яклухт шуд.

14 Ва чодирҳо аз пашми буз сохт, то ки хаймае бар маскан бошад; ёздаҳ адад чунин чодирҳо сохт.

15 Дарозии ҳар як чодир сӣ зироъ, ва фарохии ҳар як чодир чор зироъ буд; ёздаҳ чодир ба як андоза буд.

16 Ва панҷ чодирро алоҳида, ва шаш чодирро алоҳида пайванд намуд.

17 Ва панҷоҳ тугмахона ба лаби чодире ки дар канори пайвандкунӣ буд, сохт, ва панҷоҳ тугмахона бар лаби чодири пайвандкунии дуюм сохт.

18 Ва панҷоҳ чангаки мисин сохт, то ки хаймаро пайванд намояд, ва он яклухт шавад.

19 Ва болопӯше барои хайма аз пӯстҳои қӯчқор, ки сурх буд, сохт, ва болопӯше аз пӯстҳои тӯҳс аз болои он.

20 Ва тахтаҳо, ки меистод, барои маскан аз чӯби ақоқиё сохт.

21 Дарозии ҳар як тахта даҳ зироъ буд, ва фарохии ҳар як тахта — якуним зироъ.

22 Ва дар ҳар тахта ду дандонаи мутавозии якдигар буд; дар ҳамаи тахтаҳои маскан чунин сохт.

23 Ва тахтаҳоро барои маскан сохт: бист тахта барои тарафи ҷанубӣ.

24 Ва чил пояи нуқра зери бист тахта сохт: ду поя зери як тахта барои ду дандонаи он, ва ду поя зери тахтаи дигар барои ду дандонаи он.

25 Ва барои тарафи дигари маскан, барои тарафи шимолии он бист тахта сохт.

26 Ва чил пояи нуқра барои онҳо: ду поя зери як тахта, ва ду поя зери тахтаи дигар.

27 Ва барои қафои маскан, ки тарафи ғарбист, шаш тахта сохт.

28 Ва барои гӯшаҳои маскан, дар қафо, ду тахта сохт.

29 Ва онҳо аз поён пайваст карда шуд, ва аз боло низ якҷоя дар як ҳалқа пайваст гардид; бар ҳар ду, яъне барои ҳар ду гӯша чунин сохт.

30 Ва ба ҳамин тариқ ҳашт тахта шуд, ва пояҳои нуқра барои онҳо, ҷамъ шонздаҳ поя: ду поя, ду поя зери ҳар як тахта.

31 Ва ғалақаҳо аз чӯби ақоқиё сохт: панҷ адад барои тахтаҳои як тарафи маскан,

32 Ва панҷ ғалақа барои тахтаҳои тарафи дигари маскан, ва панҷ ғалақа барои тахтаҳои тарафи қафои маскан, ба самти ғарб.

33 Ва ғалақаи миёнаро сохт, то ки аз даруни тахтаҳо аз ин сар то он сар бигзарад.

34 Ва тахтаҳоро бо тилло пӯшонид, ва ҳалқаҳои онҳоро, ки хонаҳои ғалақаҳо буд, аз тилло сохт; ва ғалақаҳоро бо тилло пӯшонид.

35 Ва пардае аз лоҷвард ва арғувон ва қирмиз ва катони нозуки дутоба сохт; бо бофти санъаткорона онро бо каррубиён сохт.

36 Ва барои он чор сутун аз ақоқиё сохт, ва онҳоро бо тилло пӯшонид, ва илмакҳошон аз тилло буд; ва барои онҳо чор пояи нуқра рехт.

37 Ва пардае барои даромадгоҳи хайма аз лоҷвард ва арғувон ва қирмиз ва катони нозуки дутоба бо санъати гулдӯзӣ сохт.

38 Ва панҷ сутуни онро бо илмакҳошон сохта, сарҳо ва чамбаракҳои онҳоро бо тилло пӯшонид; ва панҷ пояи онҳо аз мис буд.

37

БОБИ СИЮ ҲАФТУМ

Сандуқ.

1 Ва Басалъил сандуқе аз чӯби ақоқиё сохт, ки дарозияш дую ним зироъ, ва фарохияш якуним зироъ, ва қадаш якуним зироъ буд.

2 Ва онро аз дарун ва аз берун бо тиллои холис пӯшонид, ва барои он гирдогирд афсари тилло сохт.

3 Ва барои он, бар чор гӯшаи он чор ҳалқаи тилло рехт: ду ҳалқа бар як паҳлуяш, ва ду ҳалқа бар паҳлуи дигараш.

4 Ва дастакҳо аз чӯби ақоқиё сохта, онҳоро бо тилло пӯшонид.

5 Ва он дастакҳоро ба ҳалқаҳое ки бар паҳлуҳои сандуқ ҳаст, дохил намуд, то ки сандуқ ба воситаи онҳо бардошта шавад.

Сарпӯш.

6 Ва сарпӯше аз тиллои холис сохт, ки дарозияш дую ним зироъ, ва фарохияш якуним зироъ буд.

7 Ва ду каррубӣ аз тилло сохт; онҳоро яклухт, аз ду канори сарпӯш сохт.

8 Як каррубиро аз ин канор, ва каррубии дигарро аз он канор сохт; каррубиёнро аз худи сарпӯш бар ду канори он сохт.

9 Ва каррубиён болҳоро дар боло паҳн карда, сарпӯшро бо болҳои худ мепӯшониданд, ва рӯйҳошон сӯи якдигар буд; рӯйҳои каррубиён сӯи сарпӯш буд.

Миз барои нони тақдим.

10 Ва мизе аз чӯби ақоқиё сохт, ки дарозияш ду зироъ, ва фарохияш як зироъ, ва қадаш якуним зироъ буд.

11 Ва онро бо тиллои холис пӯшонид, ва гирдогирдаш афсари тилло сохт.

12 Ва ҳошияе гирдогирди он ба андозаи як қабза сохт, ва афсари тилло гирдогирди ҳошияи он сохт.

13 Ва чор ҳалқаи тилло барои он сохт; ва ҳалқаҳоро бар чор гӯшаи чор почаи он барқарор намуд.

14 Ҳалқаҳо ба баландии ҳошия мувофиқ буда, ҳамчун хонаҳои дастакҳо барои бардоштани миз хизмат мекард.

15 Ва дастакҳоро аз чӯби ақоқиё сохт, ва онҳоро бо тилло пӯшонид, то ки барои бардоштани миз хизмат кунад.

16 Ва колоеро, ки бар миз бояд бошад, яъне табақҳои он, ва қошуқҳои он, ва тосҳои он, ва пиёлаҳои онро, ки ҳадияи рехтаниро ба воситаи онҳо мерезанд, аз тиллои холис сохт.

Чароғдони тилло.

17 Ва чароғдоне аз тиллои холис сохт; чароғдонро яклухт сохт, ба тавре ки поя ва шохаҳои он, қуббаҳо, ғунчаҳо ва гулҳои он аз худи он буд.

18 Ва шаш шоха аз паҳлуҳои он берун меомад: се шохаи чароғдон аз як паҳлуяш, ва се шохаи чароғдон аз паҳлуи Дигараш.

19 Се қуббаи монанди гули бодом дар як шоха бо ғунча ва гул буд, ва се қуббаи монанди гули бодом дар шохаи дигар, бо ғунча ва гул; ҳамчунин дар шаш шохае ки аз чароғдон берун меомад.

20 Ва дар пояи чароғдон чор қуббаи монанди гули бодом бо ғунчаҳо ва гулҳои он буд.

21 Ва ғунчае зери ду шохаи он, ва ғунчае зери ду шохаи он, ва ғунчае зери ду шохаи он, — барои шаш шохае ки аз он берун меомад.

22 Ғунчаҳояш ва шохаҳояш аз худи он буданд, он куллиятан яклухт аз тиллои холис буд.

23 Ва ҳафт чароғаш ва анбӯрҳояш, ва маҷмарҳояшро аз тиллои холис сохт.

24 Онро бо тамоми колои он аз як киккар тиллои холис сохт.

Қурбонгоҳи бухур.

25 Ва қурбонгоҳи бухурро аз чӯби ақоқиё сохт, ки дарозияш як зироъ, ва фарохияш як зироъ, яъне мураббаъ буд, ва қадаш ду зироъ; шохҳояш аз худаш буд.

26 Ва онро бо тиллои холис пӯшонид: бомаш ва деворҳояшро гирдогирд ва шохҳояшро; ва афсари тилло барояш гирдогирд сохт.

27 Ва ду ҳалқаи тилло барояш аз таги афсараш бар ду паҳлуяш, яъне бар ду тарафаш сохт, ҳамчун хонаҳои дастакҳо сохт, то ки онро ба воситаи онҳо бардоранд.

28 Ва дастакҳоро аз чӯби ақоқиё сохт, ва онҳоро бо тилло пӯшонид.

29 Ва равғани тадҳини муқаддас, ва бухури муаттари пок сохт, ки бо санъати атрсозӣ сохта шуда буд.

38

БОБИ СИЮ ҲАШТУМ

Қурбонгоҳи қурбонии сӯхтанӣ.

1 Ва қурбонгоҳи қурбонии сӯхтаниро аз чӯби ақоқиё сохт, ки дарозияш панҷ зироъ, ва фарохияш панҷ зироъ, яъне мураббаъ буд; ва қадаш се зироъ.

2 Ва шохҳои онро бар чор гӯшаи он сохт, ба тавре ки шохҳояш аз худи он буд; ва онро бо мис пӯшонид.

3 Ва тамоми колои қурбонгоҳ: тосҳо ва хокандозҳо ва косаҳо ва чанголҳо ва маҷмарҳоро сохт; тамоми колояшро аз мис сохт.

4 Ва барои қурбонгоҳ панҷарае аз мис ба сурати шабака сохта, зери канораи он аз поён то нисфи он гузошт.

5 Ва чор ҳалқа бар чор гӯшаи панҷараи мисин ҳамчун хонаҳо барои дастакҳо рехт.

6 Ва дастакҳо аз чӯби ақоқиё сохта, онҳоро бо мис пӯшонид.

7 Ва дастакҳоро ба ҳалқахое ки бар паҳлуҳои қурбонгоҳ буд, гузаронид, то ки онро ба воситаи онҳо бардоранд; онро аз тахтаҳо дарунхолӣ сохт.

Лаган барои шустушӯ.

8 Ва лагани мисин сохт, ки пояаш низ мисин буд, аз оинаҳои заноне ки назди даромадгоҳи хаймаи ҷомеъ ҷамъ мешуданд.

Саҳн.

9 Ва саҳнро сохт; ба тарафи ҷанубӣ пардаҳои саҳн аз катони нозуки дутоба ба дарозии сад зироъ буд;

10 Сутунҳои онҳо бист адад, ва пояҳои онҳо бист адад аз мис буд; илмакҳои сутунҳо ва бандҳои онҳо аз нуқра буд.

11 Ва ба тарафи шимолӣ сад зироъ; сутунҳошон бист адад, ва пояҳошон бист адад аз мис буд; илмакҳои сутунҳо ва бандҳошон аз нуқра буд.

12 Ва ба тарафи ғарбӣ — пардаҳо панҷоҳ зироъ; сутунҳошон даҳ адад, ва пояҳошон даҳ адад буд; илмакҳои сутунҳо ва бандҳошон аз нуқра буд.

13 Ва ба тарафи офтоббарои шаркӣ — панҷоҳ зироъ.

14 Пардаҳо барои як паҳлу понздаҳ зироъ, сутунҳошон се адад, ва пояҳошон се адад буд.

15 Ва барои паҳлуи дуюм, аз ин тараф ва аз он тарафи дарвозаи саҳн, пардаҳо понздаҳ зироъ, сутунҳошон се адад, ва пояҳошон се адад буд.

16 Ҳамаи пардаҳои саҳн гирдогирд аз катони нозуки дутоба буд.

17 Ва пояҳои сутунҳо аз мис, илмакҳои сутунҳо ва бандҳошон аз нуқра, ва пӯшиши сарҳошон аз нуқра буд, ва ҳамаи сутунҳои саҳн бо бандҳои нуқра пайваст карда шуда буд.

Дарвозаи саҳн.

18 Ва пардаи дарвозаи саҳн бо санъати гулдӯзӣ аз лоҷвард ва арғувон ва қирмиз ва катони нозуки дутоба сохта шуда буд; ва дарозияш бист зироъ, ва қадаш ба фарохии панҷ зироъ мувофиқи пардаҳои саҳн буд.

19 Ва сутунҳошон чор адад, ва пояҳошон чор адад аз мис буд; илмакҳошон аз нуқра, ва пӯшиши сарҳошон ва бандҳошон аз нуқра буд.

20 Ва ҳамаи мехҳои маскан ва саҳн гирдогирд аз мис буд.

21 Ин аст ҳисоботи маскан, маскани шаҳодат, ки бо амри Мусо, бо хизмати левизодагон, зери назорати Итомор ибни Ҳоруни коҳин тартиб дода шудааст.

22 Ва Басалъил ибни Урӣ ибни Ҳур, аз сибти Яҳудо, ҳар он чиро, ки Худо ба Мусо амр фармуда буд, сохт.

23 Ва бо ӯ Оҳолиоб ибни Аҳисомок, аз сибти Дон буд, ки вай ҳаккок ва зарбоф ва гулдӯз бар лоҷвард ва арғувон ва қирмиз ва катони нозуки дутоба буд.

24 Тамоми тиллое ки дар тамоми кори қудс ба кор бурда шуд, яъне тиллои инъом, бисту нӯҳ киккар ва ҳафтсаду сӣ сиқл, мувофиқи сиқли муқаддас буд.

25 Ва нуқраи саршумории ҷамоат сад киккар ва ҳазору ҳафтсаду ҳафтоду панҷ сиқл, мувофиқи сиқли муқаддас буд.

26 Як беқаъ аз ҳар сар, яъне ним сиқл, мувофиқи сиқли муқаддас, аз ҳар нафаре ки аз саршуморӣ гузаштааст, аз синни бистсола ва болотар, ки ҷамъ шашсаду се ҳазору панҷсаду панҷоҳ нафар буданд.

27 Ва сад киккар нуқра барои рехтани пояҳои қудс ва пояҳои парда сарф шуд, — сад поя аз сад киккар, як киккар барои як поя.

28 Ва аз ҳазору ҳафтсаду ҳафтоду панҷ сиқл илмакҳо барои сутунҳо сохт, ва сарҳои онҳоро пӯшонид, ва бандҳо барои онҳо сохт.

29 Ва миси инъом ҳафтод киккар ва ду ҳазору чорсад сиқл буд.

30 Ва аз он пояҳои даромадгоҳи хаймаи ҷомеъ ва қурбонгоҳи мисин, ва панҷараи мисини он, ва тамоми колои қурбонгоҳро сохт,

31 Ва пояҳои гирдогирди саҳн, ва пояҳои дарвозаи саҳн, ва ҳамаи мехҳои маскан, ва ҳамаи мехҳои гирдогирди саҳнро сохт.

39

БОБИ СИЮ НӮҲУМ

Либоси Ҳоруни саркоҳин.

1 Ва аз лоҷвард ва арғувон ва қирмиз либосҳои хизматӣ барои хизмат кардан дар қудс сохтанд; ва либосҳои муқаддас барои Ҳорун сохтанд, чунон ки Худованд ба Мусо амр фармуда буд.

2 Ва эфӯдро аз тилло, лоҷвард ва арғувон ва қирмиз ва катони нозуки дутоба сохт.

3 Ва лавҳаҳои нозук аз тилло сохтанд, ва риштаҳо аз он буриданд, то ки дар миёни лоҷвард ва арғувон ва қирмиз ва катони нозук бо бофти санъаткорона бибофанд.

4 Китфпӯшакҳои пайвастшаванда барои он сохтанд, ки бар ду канори он пайваст мешуд.

5 Ва тасмаи бандубасти он, ки бар он буд, бо ҳамон санъат аз худи он, яъне аз тилло, лоҷвард ва арғувон ва қирмиз ва катони нозуки дутоба сохта шуд, чунон ки Худованд ба Мусо амр фармуда буд.

6 Ва сангҳои ҷазъро дуруст карда, дар нигинхонаҳои тилло нишониданд, ва номҳои банӣ‐Исроилро бо ҳакки мӯҳр бар онҳо ҳак намуданд.

7 Ва онҳоро бар китфпӯшакҳои эфӯд ҷойгир кард, то ки сангҳои ёдгорӣ барои банӣ‐Исроил бошад, чунон ки Худованд ба Мусо амр фармуда буд.

8 Ва синабандро бо бофти санъаткорона, мисли бофти эфӯд, аз тилло, лоҷвард ва арғувон ва қирмиз ва катони нозуки дутоба сохт.

9 Он мураббаъ буд; синабандро дуқабата сохтанд, дарозияш як ваҷаб ва фарохияш як ваҷаб, дуқабата.

10 Ва дар он чор қатор санг нишониданд: қатори лаъл, ёқути зард ва зумуррад — ин қатори якум буд.

11 Ва қатори дуюм: баҳрамон, ёқути кабуд ва алмос.

12 Ва қатори сеюм: ёқути тар, ақиқи сӯхта ва ҷамаст.

13 Ва қатори чорум: забарҷад, ҷазъ ва яшм; онҳо дуруст карда, дар нигинхонаҳои тилло нишонида шуда буд.

14 Ва ин сангҳо бо номҳои банӣ‐Исроил, яъне дувоздаҳ адад бо номҳои онҳо буд; бо ҳакки мӯҳр, ҳар яке ба номи худаш, барои дувоздаҳ сибт буд.

15 Ва бар синабанд занҷирҳо ба шакли танобе, бо санъати бофти морпеч, аз тиллои холис сохтанд.

16 Ва ду нигинхонаи тилло ва ду ҳалқаи тилло сохтанд, ва ду ҳалқаро ба ду канори синабанд андармон карданд.

17 Ва он ду занҷири морпечи тиллоро бо ин ду ҳалқа бар канорҳои синабанд андармон карданд.

18 Ва ду сари дигари ду занҷири морпечро ба ду нигинхона пайванд намуда, бар китфпӯшакҳои эфӯд, ба тарафи абраи он андармон карданд.

19 Ва боз ду ҳалқаи тилло сохтанд, ва онҳоро бар ду канори синабанд, ба он лабаш, ки ба тарафи астари эфӯд аст, андармон карданд.

20 Ва боз ду ҳалқаи тилло сохтанд, ва онҳоро бар ду китфпӯшаки эфӯд аз поён, аз тарафи абраи он, назди пайвандшавии он, аз болои тасмаи эфӯд андармон карданд.

21 Ва синабандро аз ҳалқаҳояш ба ҳалқаҳои эфӯд бо риштаи лоҷвард банд карданд, то ки он бар тасмаи эфӯд бошад, ва синабанд аз эфӯд ҷудо нашавад, чунон ки Худованд ба Мусо амр фармуда буд.

22 Ва ридои эфӯдро бо санъати бофтагарӣ комилан аз лоҷвард сохт.

23 Ва чоки ридоро дар миёнаи он мисли чоки ҷавшан сохт; лаблӯлае гирдогирди чокаш буд, то ки надаррад.

24 Ва дар лаби домани ридо анорҳо аз лоҷвард ва арғувон ва кирмизи дутоба сохтанд.

25 Ва зангӯлачаҳои тилло аз тиллои холис сохтанд, ва зангӯлачаҳоро дар миёни анорҳо, бар домани ридо гузоштанд, гирдогирди он, дар миёни анорҳо.

26 Зангӯлача ва аноре, зангӯлача ва аноре дар лаби домани ридо гирдогирди он барои хизмат кардан, чунон ки Худованд ба Мусо амр фармуда буд.

27 Ва пероҳане аз катони нозук, бо санъати бофтагарӣ барои Ҳорун ва писаронаш сохтанд;

28 Ва аммомае аз катони нозук, ва кулоҳҳои зебое аз катони нозук, ва эзорҳои катон аз катони нозуки дутоба;

29 Ва камарбанде аз катони нозуки дутоба ва лоҷвард ва арғувон ва қирмиз, бо санъати гулдӯзӣ, чунон ки Худованд ба Мусо амр фармуда буд.

30 Ва лавҳаи афсари муқаддасро аз тиллои холис сохтанд, ва бар он хатте мисли ҳакки мӯҳр навиштанд: «Муқаддас аст барои Худованд».

31 Ва бар он риштаи лоҷварде андармон карданд, то ки аз боло ба аммома бибанданд, чунон ки Худованд ба Мусо амр фармуда буд.

32 Ва тамоми кори маскани хаймаи ҷомеъ ба анҷом расид; ва банӣ‐Исроил онро сохтанд, мувофиқи ҳар он чи Худованд ба Мусо амр фармуда буд, амал карданд;

33 Ва маскани хаймаро назди Мусо оварданд, бо тамоми колояш, чангакҳояш, тахтаҳояш, ғалақаҳояш ва сутунҳояш ва пояҳояш;

34 Ва болопӯш аз пӯстҳои қӯчқор, ки сурх буд, ва болопӯш аз пӯстҳои тӯҳс, ва пардаи ҷудокунанда;

35 Ва сандуқи шаҳодат ва дастакҳояш, ва сарпӯш;

36 Ва миз, ва тамоми колояш, ва нони тақдим;

37 Ва чароғдони пок, ва чароғҳояш, яъне, чароғҳои ҷо ба ҷо гузошташуда, ва тамоми колояш, ва равған барои рӯшноӣ;

38 Ва қурбонгоҳи тилло, ва равғани тадҳин, ва бухури муаттар, ва пардаи даромадгоҳи хайма;

39 Ва қурбонгоҳи мисин, ва панҷараи мисинаш, ва дастакҳояш, ва лаган ва пояҳояш;

40 Ва пардаҳои саҳн, ва сутунҳояш ва пояҳояш, ва пардаи дарвозаи саҳн, ва танобҳояш ва мехҳояш, ва тамоми колои хизмати маскан барои хаймаи ҷомеъ;

41 Ва либосҳои хизматӣ барои хизмат кардан дар қудс, ва либосҳои муқаддас барои Ҳоруни коҳин, ва либосҳои писаронаш барои каҳонат кардан.

42 Мувофиқи ҳар он чи Худованд ба Мусо амр фармуда буд, банӣ‐Исроил тамоми корро ба ҷо оварданд.

43 Ва Мусо тамоми корро аз назар гузаронид, ва инак онҳо онро, ончунон ки Худованд амр фармуда буд, ба ҷо оварданд; ва Мусо онҳоро баракат дод.

40

БОБИ ЧИЛУМ

Маскан тайёр шуд, ва онро тақдис карданд.

1 Ва Худованд ба Мусо сухан ронда, гуфт:

2 «Дар рӯзи якуми моҳи якум маскани хаймаи ҷомеъро барпо намо.

3 Ва дар он ҷо сандуқи шаҳодатро бимон, ва пардаро бар сандуқ паҳн намо.

4 Ва мизро дохил карда, лавозимоташро ба тартиб овар; ва чароғдонро дароварда, чароғҳояшро барафрӯз.

5 Ва қурбонгоҳи тиллои бухурро пеши сандуқи шаҳодат бимон, ва пардаи даромадгоҳи масканро биовез.

6 Ва қурбонгоҳи қурбонии сӯхтаниро пеши даромадгоҳи маскани хаймаи ҷомеъ бимон.

7 Ва лаганро дар миёни хаймаи ҷомеъ ва қурбонгоҳ бимон, ва об дар он бирез.

8 Ва саҳнро гирдогирд барпо намо, ва пардаи дарвозаи саҳнро биовез.

9 Ва равғани тадҳинро гирифта, масканро бо ҳар он чи дар он аст, тадҳин намо, ва онро бо тамоми колояш тақдис кун, ва он муқаддас хоҳад шуд.

10 Ва қурбонгоҳи қурбонии сӯхтаниро бо тамоми колояш тадҳин намо, ва қурбонгоҳро тақдис кун; ва ин қурбонгоҳ қудси қудсҳо хоҳад шуд.

11 Ва лаган ва пояашро тадҳин намо, ва онро тақдис кун.

12 Ва Ҳорун ва писаронашро ба даромадгоҳи хаймаи ҷомеъ наздик биёр, ва онҳоро дар об ғусл деҳ.

13 Ва Ҳорунро либоси муқаддас бипӯшон, ва ӯро тадҳин намо, ва ӯро тақдис кун, то ки барои Ман каҳонат намояд.

14 Ва писарони ӯро наздик биёр, ва онҳоро пероҳанҳо бипӯшон.

15 Ва онҳоро тадҳин намо, чунон ки падарашонро тадҳин кардӣ, то ки барои Ман каҳонат намоянд; ва тадҳин ёфтани онҳо барои каҳонати абадӣ дар наслҳои онҳо хоҳад буд».

16 Ва Мусо ба амал овард; ончунон ки Худованд ба ӯ амр фармуда буд, ба ҷо овард.

17 Ва дар моҳи аввали соли дуюм, дар рӯзи якуми моҳ, маскан барпо гардид.

18 Ва Мусо масканро барпо намуд, ва пояҳояшро гузошт, ва тахтаҳояшро барқарор кард, ва ғалақахояшро ниҳод, ва сутунҳояшро барпо намуд.

19 Ва хаймаро бар маскан паҳн кард, ва болопӯши хаймаро аз боло бар он гузошт, чунон ки Худованд ба Мусо амр фармуда буд.

20 Ва шаҳодатро гирифта, дар сандуқ гузошт, ва дастакҳоро ба сандуқ пайваст намуд, ва сарпӯшро аз боло бар сандуқ гузошт.

21 Ва сандуқро ба маскан даровард, ва пардаи ҷудокунандаро овехта, сандуқи шаҳодатро рӯпӯш намуд, чунон ки Худованд ба Мусо амр фармуда буд.

22 Ва мизро дар хаймаи ҷомеъ ба тарафи шимолии маскан берун аз парда ҷойгир кард.

23 Ва бар он як даста нонро ба ҳузури Худованд тартиб дод, чунон ки Худованд ба Мусо амр фармуда буд.

24 Ва чароғдонро дар хаймаи ҷомеъ дар рӯ ба рӯи миз, ба тарафи ҷанубии маскан гузошт.

25 Ва чароғҳоро ба ҳузури Худованд барафрӯхт, чунон ки Худованд ба Мусо амр фармуда буд.

26 Ва қурбонгоҳи тиллоро дар хаймаи ҷомеъ, пеши парда ҷойгир кард.

27 Ва бухури муаттар бар он сӯзонид, чунон ки Худованд ба Мусо амр фармуда буд.

28 Ва пардаи даромадгоҳи масканро овехт.

29 Ва қурбонгоҳи қурбонии сӯхтаниро пеши даромадгоҳи маскани хаймаи ҷомеъ гузошт, ва қурбонии сӯхтанӣ ва ҳадияи ордиро бар он тақдим намуд, чунон ки Худованд ба Мусо амр фармуда буд.

30 Ва лаганро дар миёни хаймаи ҷомеъ ва қурбонгоҳ гузошт, ва дар он барои шустушӯй об рехт.

31 Ва Мусо ва Ҳорун ва писаронаш дастҳо ва пойҳои худро аз он шустушӯ карданд,

32 Вақте ки ба хаймаи ҷомеъ даромада, ба қурбонгоҳ наздик шуданд, шустушӯ карданд, чунон ки Худованд ба Мусо амр фармуда буд.

33 Ва саҳнро гирдогирди маскан ва қурбонгоҳ барпо намуд, ва пардаи дарвозаи саҳнро овехт, ва Мусо корро ба анҷом расонид.

34 Ва абр хаймаи ҷомеъро пӯшонид, ва ҷалоли Худованд масканро пур кард.

35 Ва Мусо натавонист ба хаймаи ҷомеъ дохил шавад, зеро ки абр бар он сокин буд, ва ҷалоли Худованд масканро пур карда буд.

36 Ва ҳангоме ки абр аз маскан боло мебаромад, банӣ‐Исроил дар тамоми сафари худ роҳсипор мешуданд.

37 Ва агар абр боло намебаромад, то рӯзи боло баромадани он роҳсипор намешуданд.

38 Зеро ки абри Худованд бар маскан рӯзона, ва оташ дар он шабона, пеши назари тамоми хонадони Исроил дар тамоми сафари онҳо буд.