КИТОБИ

ЭСТЕР

1

БОБИ ЯКУМ

Аҳашверӯш Ваштии маликаро рад мекунад.

1 Ва воқеъ шуд дар айёми Аҳашверӯш, — ҳамон Аҳашверӯш, ки аз Ҳинд то Ҳабаш бар саду бисту ҳафт вилоят подшоҳӣ мекард, —

2 Дар он айём, ки подшоҳ Аҳашверӯш бар тахти хисравии худ дар Шушани пойтахт нишаста буд,

3 Ва дар соли сеюми подшоҳии худ ӯ барои ҳамаи мирон ва маъмуронаш базм барпо кард, ва сипоҳиёни Форс ва Модай, аъёну ашроф ва ҳокимони вилоятҳо дар ҳузури ӯ буданд,

4 Дар сурате ки ӯ айёми зиёде, саду ҳаштод рӯз, сарвату ҷалоли хисравии худ ва шаъну шавкати бузургии худро нишон медод.

5 Ва чун он рӯзҳо ба итмом расид, подшоҳ барои тамоми қавме ки дар Шушани пойтахт аз бузург то хурд ҳозир буданд, дар саҳни боғи қасри подшоҳ базми ҳафтрӯза барпо кард.

6 Пардаҳо аз матои маҳини сафед ва лоҷвард бо риштаҳои катони сафед ва арғувон бар ҳалқаҳои нуқра ва сутунҳои мармар овезон буд; катҳои тилло ва нуқра бар фарше аз мармари сабз, сиёҳ, садафгун ва сурх истода буд.

7 Ва нӯшокиҳо дар зарфҳои тилло буд, ва зарфҳо аз зарфҳои гуногуншакл иборат буд; ва шароби хисравӣ мувофиқи ҳиммати подшоҳ фаровон буд;

8 Ва шаробнӯшӣ ба муддаои табъ буд: касеро маҷбур намекарданд, зеро подшоҳ ба ҳамаи маъмурони хонаи худ амр фармуда буд, ки ба дилхоҳи ҳар кас амал кунанд.

9 Ваштии малика низ дар хонаи хисравии подшоҳ Аҳашверӯш базме барои занон барпо кард.

10 Дар рӯзи ҳафтум, вақте ки подшоҳ аз шароб дилхуш шуд, ба Меҳумон, Бизто, Ҳарбӯно, Бинто, Абанто, Зетар ва Каркас — ҳафт хоҷасарое ки ба хузури подшоҳ Аҳашверӯш хизмат мекарданд, — амр кард,

11 Ки Ваштии маликаро бо афсари хисравӣ ба ҳузури подшоҳ биёваранд, то ки зебоии варо ба қавмон ва мирон нишон диҳад, зеро ки вай хушрӯй буд.

12 Вале Ваштии малика бо амре ки подшоҳ ба воситаи хоҷасароён фармуда буд, нахост биёяд, ва подшоҳ бағоят хашмгин шуда, ғазабаш андаруни ӯ аланга зад.

13 Ва подшоҳ ба ҳакимони донандаи таворих гуфт, чунки равиши подшоҳ ин буд, ки бо ҳамаи донандагони қонун ва ҳуқуқ машварат кунад.

14 Ва муқаррабони ӯ Каршено, Шетор, Адмото, Таршиш, Мерес, Марсено ва Мемухон буданд, ки ин ҳафт мири Форс ва Модай чеҳраи подшоҳро медиданд ва дар сафи аввали назди тахти хисравӣ менишастанд:

15 «Аз рӯи қонун ба Ваштии малика чӣ бояд кард барои он ки вай амреро, ки подшоҳ Аҳашверӯш ба воситаи хоҷасароён фармуд, ба ҷо наовард?»

16 Ва Мемухон ба ҳузури подшоҳ ва мирон гуфт: «Ваштии малика на танҳо бар зидди подшоҳ гуноҳкор шуд, балки низ бар зидди ҳамаи мирон ва бар зидди ҳамаи қавмоне ки дар ҳамаи вилоятҳои подшоҳ Аҳашверӯш мебошанд,

17 Чунки рафтори малика дар миёни ҳамаи занон овоза шуда, шавҳарҳошон дар назарашон беқадр хоҳанд шуд, ва онҳо хоҳанд гуфт: „Подшоҳ Аҳашверӯш амр кард, ки Ваштии маликаро ба ҳузури ӯ биёваранд, вале вай наомад“.

18 Ва имрӯз хонумҳои Форс ва Модай, ки рафтори маликаро шуниданд, ба ҳамаи мирони подшоҳ чунин хоҳанд гуфт, ва ин боиси таҳқир ва хашми зиёде хоҳад шуд.

19 Агар подшоҳ салоҳ донад, бигзор амри хисравонае аз ҷониби ӯ навишта, дар Форс ва Модай ба таври мансухнопазир ба ҳукми қонун дароварда шавад, ки Ваштӣ дигар ба ҳузури подшоҳ Аҳашверӯш наояд, ва подшоҳ унвони хисравонаи варо ба зани дигаре ки аз вай беҳтар бошад, бидиҳад.

20 Ва фармони подшоҳ ба самъи мардум расида, дар тамоми мамлакати ӯ, ҳарчанд ки азим аст, асар хоҳад бахшид, ва ҳамаи занон ба шавҳарҳои худ аз бузург то хурд қадрдонӣ хоҳанд кард».

21 Ва ин сухан дар назари подшоҳ ва мирон писанд афтод, ва подшоҳ аз рӯи сухани Мемухон амал кард.

22 Ва мактубҳо ба ҳамаи вилоятҳои подшоҳ, ба ҳар вилоят бо хати он ва ба ҳар қавм бо забони он равона кард, то ки ҳар мард бо забони қавми худ сухан ронда, дар хонаи худ ҳукмфармо бошад.

2

БОБИ ДУЮМ

Эстер малика мешавад.

1 Баъд аз ин воқеот, вақте ки ғазаби подшоҳ Аҳашверӯш таскин ёфт, ӯ Ваштиро, ва рафтореро, ки вай карда буд, ва ҳукмеро, ки дар ҳаққи вай бароварда шуда буд, ба ёд овард.

2 Ва навкарони подшоҳ, ки дар ҳузури ӯ хизмат мекарданд, гуфтанд: «Бигзор барои подшоҳ духтарони бокираи хушрӯйро ҷустуҷӯ намоянд,

3 Ва подшоҳ дар ҳамаи вилоятҳои мамлакати худ нозиронро таъин кунад, ва онҳо ҳар духтари бокираи хушрӯйро дар Шушани пойтахт, дар хонаи занон, зери дасти Ҳеҷои хоҷасарои подшоҳ, ки нигаҳбони занон аст, ҷамъ кунанд, ва лавозимоти ороиш ба онҳо дода шавад.

4 Ва духтаре ки дар назари подшоҳ писанд афтад, ба ҷои Ваштӣ малика шавад». Ва ин сухан дар назари подшоҳ писанд афтод, ва ӯ чунин амал кард.

5 Марди яҳудие дар Шушани пойтахт буд, ва номаш Мордахай ибни Ёир, ибни Шимъӣ, ибни Қиши биньёминӣ буд,

6 Ки аз Ерусалим бурда шуда буд бо асироне ки ҳамроҳи Еконьё подшоҳи Яҳудо ҷалои ватан шуда буданд, ки онҳоро Навукаднесар подшоҳи Бобил ҷалои ватан карда буд.

7 Ва ӯ мураббии Ҳадаса, яъне Эстери амакбачаи худ буд, чунки вай падару модар надошт; ва ин духтар хушандом ва хушрӯй буд, ва баъд аз вафоти падару модараш варо Мордахай барои худ духтархонд карда буд.

8 Ва ҳангоме ки амри подшоҳ ва қонуни ӯ эълон карда шуд, ва духтарони зиёде дар Шушани пойтахт зери дасти Ҳеҷой ҷамъ оварда шуданд, Эстерро низ ба хонаи подшоҳ зери дасти Ҳеҷой, ки нигаҳбони занон буд, гирифта оварданд.

9 Ва ин духтар дар назари ӯ писанд афтода, ба ҳузури ӯ илтифот пайдо кард, ва ӯ шитобон лавозимоти ороиш ва офияти варо ба вай дод ва ҳафт канизи муносибро аз хонаи подшоҳ ба вай дода, варо бо канизонаш ба беҳтарин шӯъбаи хонаи занон гузаронд.

10 Эстер қавми худ ва ақрабои худро маълум накард, зеро Мордахай ба вай амр фармуда буд, ки маълум накунад.

11 Ва ҳар рӯз Мордахай назди саҳни хонаи занон гаштугузор мекард, то ки аз саломатии Эстер ва аз он чи ба вай рӯй медиҳад, хабардор бошад.

12 Ва чун навбати ҳар духтар мерасид, ки назди подшоҳ Аҳашверӯш биёяд, — яъне баъд аз он ки вай дар муддати дувоздаҳ моҳ русуми барои занон муқарраршударо мегузашт, зеро ки айёми молиш додани онҳо: шаш моҳ бо равғани мур ва шаш моҳ бо атриёт ва дорувори молидании занон бо ҳамин буд мешуд, —

13 Ва он гоҳ духтар назди подшоҳ меомад. Ҳар чизе ки вай талаб мекард, ба вай медоданд, то ки бо он аз хонаи занон ба хонаи подшоҳ биёяд.

14 Шомгоҳон вай меомад ва саҳаргоҳон ба хонаи дуюми занон зери дасти Шаашғоз, ки хоҷасарои подшоҳ ва нигаҳбони сурриягон буд, бармегашт ва дигар назди подшоҳ намеомад, магар ки подшоҳ варо бихоҳад, ва он гоҳ варо ном бурда даъват мекарданд.

15 Ва чун навбати Эстер, духтари Абиҳоили амаки Мордахай, ки ӯ варо духтархонд карда буд, расид, ки назди подшоҳ биёяд, вай чизе талаб накард, магар ки он чи Ҳеҷои хоҷасарои подшоҳ ва нигаҳбони занон гуфта буд. Ва Эстер дар назари ҳар касе ки варо медид, илтифот пайдо мекард.

16 Ва Эстерро назди подшоҳ Аҳашверӯш, ба хонаи хисравии ӯ, дар моҳи даҳум, ки моҳи тевет бошад, дар соли ҳафтуми подшоҳии ӯ гирифта оварданд.

17 Ва подшоҳ Эстерро бештар аз ҳамаи занон дӯст дошт, ва ба ҳузури ӯ вай бештар аз ҳамаи дӯшизагон меҳр ва илтифот пайдо кард; ва ӯ тоҷи хисравонаро бар сари вай гузошта, варо ба ҷои Ваштӣ малика гардонд.

18 Ва подшоҳ базми бузурге, — базме ба хотири Эстер, — барои ҳамаи мирон ва маъмурони худ барпо кард, ва ба вилоятҳо сабукӣ бахшид, ва бо ҳиммати хисравона инъомҳо дод.

19 Ва ҳангоме ки дӯшизагон бори дуюм ҷамъ оварда шуданд, Мордахай назди дарвозаи подшоҳ менишаст.

20 Эстер ақрабои худ ва қавми худро ҳанӯз маълум накарда буд, чунон ки Мордахай ба вай амр фармуда буд; ва амри Мордахайро Эстер мисли замоне ки назди ӯ тарбият мегирифт, ба ҷо меовард.

Мордахай ҳаёти подшоҳро аз хатар раҳо мекунад.

21 Дар он айём, ки Мордахай назди дарвозаи подшоҳ менишаст, ду хоҷасарои подшоҳ, Биғтон ва Тораш, ки аз посбонони остона буданд, дарғазаб шуданд ва қасд доштанд ба подшоҳ Аҳашверӯш дасти тааддӣ дароз кунанд.

22 Вале Мордахай аз ин ҳодиса воқиф шуда, ба Эстери малика хабар дод, ва Эстер он чиро, ки Мордахай ошкор карда буд, ба подшоҳ гуфт.

23 Ва ин ҳодиса тафтиш карда шуд, ва дуруст баромад, ва ҳар дуяшон ба дор овехта шуданд. Ва дар китоби вақоеи айём, ки дар ҳузури подшоҳ буд, ин ҳодиса навишта шуд.

3

БОБИ СЕЮМ

Суиқасди Ҳомон.

1 Баъд аз ин воқеот, подшоҳ Аҳашверӯш ба Ҳомон ибни Ҳамдотои Аҷоҷӣ бузургӣ бахшида, ӯро баланд бардошт, ва курсии ӯро аз ҳамаи мироне ки бо ӯ буданд, болотар гузошт;

2 Ва ҳамаи маъмурони подшоҳ, ки назди дарвозаи подшоҳ буданд, ба Ҳомон зону мезаданд ва саҷда мебурданд, зеро ки подшоҳ дар ҳаққи ӯ чунин амр фармуда буд, вале Мордахай зону намезад ва саҷда намебурд.

3 Ва маъмурони подшоҳ, ки назди дарвозаи подшоҳ буданд, ба Мордахай мегуфтанд: «Чаро ту аз амри подшоҳ сар мепечӣ?»

4 Ва азбаски рӯз ба рӯз ба ӯ мегуфтанд, ва ӯ ба онҳо гӯш намедод, аз ин рӯ ба Ҳомон хабар доданд, то бубинанд, ки оё Мордахай метавонад ба суханонаш исрор намояд, зеро онҳоро огоҳ карда буд, ки ӯ яҳудӣ аст.

5 Чун Ҳомон дид, ки Мордахай ба ӯ зону намезанад ва сачда намебарад, — Ҳомон пур аз ғазаб шуд.

6 Вале танҳо ба Мордахай дасти тааддӣ дароз кардан дар назари ӯ нописанд омад, ва чун ӯро аз қавми Мордахай огоҳонида буданд, аз ин рӯ Ҳомон қасд намуд, ки қавми Мордахай, яъне ҳамаи яхудиёнеро, ки дар тамоми мамлакати Аҳашверӯш буданд, нобуд кунад.

7 Дар моҳи якум, ки моҳи нисон бошад, дар соли дувоздаҳуми подшоҳ Аҳашверӯш, дар ҳузури Ҳомон барои ҳар рӯз ва ҳар моҳ пур — яъне қуръа — партофтанд, ва он ба моҳи дувоздаҳум, ки моҳи адор бошад, афтод.

8 Ва Ҳомон ба подшоҳ Аҳашверӯш гуфт: «Қавме парешон ва пароканда дар миёни қавмҳо дар ҳамаи вилоятҳои мамлакати ту ҳастанд, ва қонунҳошон аз ҳар қавм фарқ дорад, ва қонунҳои подшоҳро ба ҷо намеоваранд, ва подшоҳро норавост, ки онҳоро чунин вогузорад.

9 Агар подшоҳ салоҳ донад, бигзор барои нест кардани онҳо фармоне навишта шавад, ва ман даҳ ҳазор қурси нуқра+ 3:9 қурси нуқра — воҳиди калони пул дар замони қадим, ки тақрибан 21 килограмм вазн дошт. ба дасти коргарон баркашида хоҳам дод, то ки ба хазоини подшоҳ биёваранд».

10 Ва подшоҳ нигини худро аз дасти худ кашид, ва онро ба Ҳомон ибни Ҳамдотои Аҷоҷӣ, ки бадхоҳи яҳудиён буд, дод.

11 Ва подшоҳ ба Ҳомон гуфт: «Он нуқра дар дасти ту бимонад, ва он қавм низ, то ки бо онҳо он чиро, ки ба назарат маъқул бошад, бикунӣ».

12 Ва котибони подшоҳ дар моҳи якум, дар рӯзи сездаҳуми он, даъват шуданд, ва мувофиқи ҳар он чи Ҳомон амр фармуд, ба волиёни подшоҳ ва ба ҳокимони ҳар вилоят ва ба мирони ҳар қавм, ба ҳар вилоят бо хати он ва ба ҳар қавм бо забони он навишта шуд: аз номи подшоҳ Аҳашверӯш навишта ва бо нигини подшоҳ мӯҳр карда шуд.

13 Ва мактубҳо ба воситаи чопарон ба ҳамаи вилоятҳои подшоҳ фиристода шуд, то ки ҳамаи яҳудиёнро, аз ҷавон то пир ва тифлон ва занон, дар як рӯз, дар рӯзи сездаҳуми моҳи дувоздаҳум, ки моҳи адор бошад, нобуд кунанд, бикушанд ва талаф намоянд, ва молу мулки онҳоро толону тороҷ кунанд.

14 «Нусхаҳои ин фармон дар ҳар вилоят ба ҳукми қонун дароварда, ба ҳамаи қавмҳо эълон карда шавад, то ки ба он рӯз тайёр бошанд».

15 Он чопарон шитобон бо амри подшоҳ роҳсипор гардиданд, ва он қонун дар Шушани пойтахт мунташир шуд, ва подшоҳ ва Ҳомон ба майнӯшӣ нишастанд, валекин шаҳри Шушан дар изтироб афтод.

4

БОБИ ЧОРУМ

Рӯзадорӣ ва андӯҳ дар миёни яҳудиён.

1 Ва Мордахай аз он чи воқеъ шуда буд, огоҳӣ ёфт, ва Мордахай либоси худро чок зада, палос ва хокистар дар бар кард, ва андаруни шаҳр рафта, фиғони азим ва талхе баровард.

2 Ва то ба пеши дарвозаи подшоҳ расид, зеро мумкин набуд, ки касе палос дар тан ба дарвозаи подшоҳ дарояд.

3 Ва дар ҳар вилоят ва мавзеъ, ки амри подшоҳ ва қонуни ӯ расида буд, барои яҳудиён мотами бузург ва рӯзадорӣ ва гирья ва овозандозӣ буд; палос ва хокистар барои бисьёр касон бистар шуд.

4 Ва чун канизони Эстер ва хоҷасароёни вай омада, ба вай хабар доданд, малика бағоят музтариб шуд, ва либос фиристод, то ки Мордахайро бипӯшонанд ва палосашро аз ӯ дур кунанд, вале ӯ қабул накард.

5 Ва Эстер Ҳатохро, ки аз хоҷасароёни подшоҳ назди вай таъин шуда буд, даъват намуд ва ӯро амр фармуд, ки аз Мордахай бипурсад, ки ин чист ва ин аз чӣ сабаб аст?

6 Пас Ҳатох ба майдони шаҳр, ки пеши дарвозаи подшоҳ буд, назди Мордахай рафт.

7 Ва Мордахай аз ҳар чи ба ӯ рӯй дода буд, ва аз маблағи нуқрае ки Ҳомон барои нест кардани яҳудиён ба хазоини подшоҳ баркашида доданӣ шуда буд, ӯро хабардор кард,

8 Ва нусхаи фармони ба ҳукми қонун даромадаро, ки дар Шушан дар бораи нобуд кардани онҳо мунташир шуда буд, ба ӯ дод, то ки онро ба Эстер нишон диҳад ва ба вай хабар расонад, ва варо амр фармояд, ки назди подшоҳ даромада, аз ӯ зорию илтиҷо кунад ва барои қавми худ аз ӯ илтимос намояд.

9 Ва Ҳатох омада, суханони Мордахайро ба Эстер хабар дод.

10 Ва Эстер ба Ҳатох сухан ронда, ӯро амр фармуд, ки ба Мордахай бигӯяд:

11 «Ҳамаи маъмурони подшоҳ ва қавми вилоятҳои подшоҳ медонанд, ки барои ҳар мард ва зане ки назди подшоҳ ба саҳни дарунӣ биёяд, бе он ки даъват шуда бошад, фақат як қонун ҳаст, ки бояд қатл карда шавад, ба ҷуз касе ки подшоҳ чӯбдасти тиллоро сӯи вай дароз кунад, то ки зинда монад; инак сӣ рӯз аст, ки ман даъват нашудаам, ки назди подшоҳ биёям».

12 Вақте ки суханони Эстерро ба Мордахай хабар доданд,

13 Мордахай гуфт, ки ба Эстер чунин ҷавоб гардонанд: «Дар дили худ гумон накун, ки дар хонаи подшоҳ аз миёни ҳамаи яҳудиён раҳо хоҳӣ шуд,

14 Балки, агар дар ҳамин вақт хомӯш бимонӣ, вусъат ва халосӣ аз ҷои дигар падид хоҳад омад, вале ту ва хонадони падарат талаф хоҳед шуд, ва кист бидонад, ки оё барои чунин вақт ба салтанат нарасидаӣ?»

15 Ва Эстер гуфт, ки ба Мордахай чунин ҷавоб гардонанд:

16 «Бирав ва ҳамаи яҳудиёнро, ки дар Шушан мебошанд, ҷамъ кун, ва барои ман рӯза дошта, се рӯз, шабонаю рӯзона, чизе нахӯред ва нанӯшед; ман низ бо канизони худ ҳамчунин рӯза хоҳам дошт, ва ба ин тариқ назди подшоҳ хоҳам омад, гарчанде ки ин бар хилофи қонун аст, ва агар талаф шавам, бигзор талаф шавам».

17 Ва Мордахай рафта, ончунон ки Эстер ӯро амр фармуда буд, амал кард.

5

БОБИ ПАНҶУМ

Ҷасорати Эстер.

1 Дар рӯзи сеюм Эстер либоси хисравона пӯшида, дар саҳни дарунии хонаи подшоҳ рӯ ба рӯи дарбори подшоҳ биистод, ва подшоҳ бар тахти хисравии худ дар дарбори хисравӣ рӯ ба рӯи даромадгоҳи хона нишаста буд.

2 Ва чун подшоҳ Эстери маликаро дид, ки дар саҳн истодааст, вай дар назари ӯ илтифот пайдо кард, ва подшоҳ чӯбдасти тиллоро, ки дар дасташ буд, сӯи Эстер дароз кард, ва Эстер наздик омада, нӯги чӯбдастро ламс намуд.

3 Ва подшоҳ ба вай гуфт: «Эй Эстери малика! Туро чӣ шуд, ва илтимосат чист? Ҳатто нисфи мамлакат бошад ҳам, ба ту дода хоҳад шуд».

4 Ва Эстер гуфт: «Агар подшоҳ салоҳ донад, бигзор подшоҳ бо Ҳомон имрӯз ба зиёфате ки барои ӯ муҳайё кардаам, биёяд».

5 Ва подшоҳ гуфт: «Зуд Ҳомонро даъват кунед, то ки гуфтаи Эстерро ба ҷо оварем». Ва подшоҳ бо Ҳомон ба зиёфате ки Эстер муҳайё карда буд, омад.

6 Ва подшоҳ ба Эстер дар вақти шаробнӯшӣ гуфт: «Хоҳишат чист? Он қонеъ карда хоҳад шуд. Ва илтимосат чист? Ҳатто нисфи мамлакат бошад ҳам, ба ҷо оварда хоҳад шуд».

7 Ва Эстер ҷавоб гардонда, гуфт: «Хоҳишам ва илтимосам ин аст,

8 Ки агар дар назари подшоҳ илтифот пайдо карда бошам, ва агар подшоҳ салоҳ донад, ки хоҳишамро қонеъ кунад ва илтимосамро ба ҷо оварад, бигзор подшоҳ бо Ҳомон ба зиёфате ки барои онҳо муҳайё хоҳам кард, биёяд, ва фардо ба саволи подшоҳ ҷавоб хоҳам дод».

9 Ва Ҳомон дар он рӯз хурсанд ва хушдил шуда берун омад, вале вақте ки Ҳомон Мордахайро назди дарвозаи подшоҳ дид, ки пеши ӯ намехезад ва аз ҷояш намеҷунбад, Ҳомон бар Мордахай пур аз ғазаб шуд.

10 Валекин Ҳомон худдорӣ карда, ба хонаи худ омад, ва кас фиристода, дӯстони худ ва зани худ Зорашро даъват намуд.

11 Ва Ҳомон ба онҳо фаровонии сарвати худ ва бузургии писарони худро, ва тамоми шавкатеро, ки подшоҳ ба ӯ ато намуда, ӯро бар мирон ва маъмурони подшоҳ баланд бардоштааст, ҳикоят кард,

12 Ва Ҳомон гуфт: «Илова бар ин, Эстери малика низ касеро, ғайр аз ман, ба зиёфате ки муҳайё карда буд, ҳамроҳи подшоҳ даъват нанамуд, ва фардо низ ман назди вай ҳамроҳи подшоҳ даъват шудаам;

13 Валекин ҳамаи ин дар назари ман ҳеҷ қимате надорад, то даме ки Мордахаи яҳудиро назди дарвозаи подшоҳ нишаста мебинам».

14 Зани ӯ Зораш ва ҳамаи дӯстони ӯ гуфтанд: «Доре ба баландии панҷоҳ зироъ бисозанд, ва пагоҳӣ ба подшоҳ бигӯй, ки Мордахайро бар он биовезанд, ва шодон ҳамроҳи подшоҳ ба зиёфат бирав». Ва ин сухан дар назари Ҳомон писанд афтод, ва ӯ доре сохт.

6

БОБИ ШАШУМ

Ҳомон маҷбур шуд, ки Мордахайро иззат кунад.

1 Дар он шаб хоби подшоҳ парид, ва ӯ амр фармуд, ки китоби ёддошти вақоеи айёмро биёранд, то ки онро ба хузури подшоҳ бихонанд.

2 Ва навиштае ёфт шуд, ки Мордахай дар бораи ду хоҷасарои подшоҳ, Биғтон ва Тораш, ки аз посбонони остона буданд ва қасд доштанд ба подшоҳ Аҳашверӯш дасти тааддӣ дароз кунанд, хабар додааст.

3 Ва подшоҳ гуфт: «Чӣ иззат ва сарафрозӣ барои ин ба Мордахай ато шудааст?» Навкарони подшоҳ, ки дар хузури ӯ хизмат мекарданд, гуфтанд: «Чизе ба вай ато нашудааст».

4 Ва подшоҳ гуфт: «Кист дар саҳн?» Ва Ҳомон ба саҳни берунии хонаи подшоҳ омада буд, то ба подшоҳ бигӯяд, ки Мордахайро ба доре ки барояш сохта буд, биовезанд.

5 Ва навкарони подшоҳ ба ӯ гуфтанд: «Инак, Ҳомон дар саҳн истодааст». Ва подшоҳ гуфт: «Бигзор биёяд».

6 Ва Ҳомон омад, ва подшоҳ ба ӯ гуфт: «Ба шахсе ки подшоҳ мехоҳад сарафроз намояд, чӣ бояд кард?» Ва Ҳомон дар дили худ гуфт: «Ғайр аз ман кист, ки подшоҳ бихоҳад сарафроз намояд?»

7 Ва Ҳомон ба подшоҳ гуфт: «Ба шахсе ки подшоҳ мехоҳад сарафроз намояд,

8 Бигзор либоси хисравонае ки подшоҳ онро дар бар мекунад, ва аспе ки подшоҳ бар он савор мешавад, ва тоҷи хисравонае ки бар сари асп гузошта мешавад, биёваранд,

9 Ва он либос ва аспро ба дасти яке аз мирони подшоҳ, ки аз аъёну ашроф бошад, бидиҳанд, ва шахсеро, ки подшоҳ мехоҳад сарафроз намояд, бипӯшонанд, ва ӯро ба асп савор карда дар майдони шаҳр бигардонанд, ва пешопеши ӯ нидо кунанд: „Ба шахсе ки подшоҳ мехоҳад сарафроз намояд, чунин карда хоҳад шуд!“»

10 Ва подшоҳ ба Ҳомон гуфт: «Шитоб намуда он либос ва аспро, чунон ки гуфтӣ, бигир ва ба Мордахаи яхудӣ, ки назди дарвозаи подшоҳ нишастааст, чунин бикун; аз ҳар чи гуфтӣ, чизе кам нашавад».

11 Ва Ҳомон он либос ва аспро гирифт, ва Мордахайро пӯшонид, ва ӯро ба асп савор карда дар майдони шаҳр гардонид, ва пешопеши ӯ нидо кард: «Ба шахсе ки подшоҳ мехоҳад сарафроз намояд, чунин карда хоҳад шуд!»

12 Ва Мордахай ба дарвозаи подшоҳ баргашт, вале Ҳомон мотамзада ва рӯсиёҳ сӯи хонаи худ шитофт.

13 Ва Ҳомон ба зани худ Зораш ва ба ҳамаи дӯстони худ ҳар он чиро, ки ба ӯ воқеъ шуда буд, ҳикоят кард, ва ҳакимонаш ва занаш Зораш ба ӯ гуфтанд: «Агар Мордахай, ки пеши вай ба фурӯ ғалтидан сар кардаӣ, аз насли яҳудиён бошад, бар вай ғолиб нахоҳӣ шуд, балки ҳатман пеши вай фурӯ хоҳӣ ғалтид».

14 Ва ҳанӯз бо ӯ сухан меронданд, ки хоҷасароёни подшоҳ расиданд, то ки Ҳомонро шитоб кунонида, ба зиёфате ки Эстер муҳайё намуда буд, бибаранд.

7

БОБИ ҲАФТУМ

Зиёфат назди Эстер. Қатли Ҳомон.

1 Ва подшоҳ бо Ҳомон назди Эстери малика ба зиёфат омад.

2 Ва подшоҳ дар рӯзи дуюм низ дар вақти шаробнӯшӣ ба Эстер гуфт: «Эй Эстери малика! Хоҳишат чист? Он қонеъ карда хоҳад шуд. Ва илтимосат чист? Ҳатто нисфи мамлакат бошад ҳам, ба ҷо оварда хоҳад шуд».

3 Ва Эстери малика ҷавоб гардонда гуфт: «Эй подшоҳ! Агар дар назари ту илтифот пайдо карда бошам, ва агар подшоҳ салоҳ донад, бигзор ҷони ман мувофиқи хоҳиши ман ва қавми ман мувофиқи илтимоси ман ба ман бахшида шавад,

4 Зеро ки ман ва қавми ман фурӯхта шудаем, то ки нобуд, кушта ва талаф шавем, ва агар ба ғуломӣ ва канизӣ фурӯхта мешудем, ман хомӯш мемондам, гарчанде ки аду ба зарари подшоҳ намеарзад».

5 Ва подшоҳ Аҳашверӯш ба сухан оғоз намуда, ба Эстери малика гуфт: «Он кас кист, ва он кас куҷост, ки дилаш ҷуръат намудааст чунин амал кунад?»

6 Ва Эстер гуфт: «Он шахси аду ва душман ҳамин Ҳомони шарир аст!» Ва Ҳомон ба хузури подшоҳ ва малика ба даҳшат афтод.

7 Ва подшоҳ бо ғазаб аз шаробнӯшӣ хеста ба боғи қаср баромад, ва Ҳомон он ҷо монд, то ки аз Эстери малика барои ҷони худ илтимос намояд, зеро дид, ки аз ҷониби подшоҳ ба сараш балое хоҳад омад.

8 Ва ҳангоме ки подшоҳ аз боғи қаср ба хонаи шаробнӯшӣ баргашт, Ҳомон бар нимкате ки болояш Эстер буд, фурӯ ғалтида буд, ва подшоҳ гуфт: «Оё ба номӯси малика низ ба ҳузури ман дар хона таҷовуз мекунад?» Ҳамин ки ин сухан аз даҳони подшоҳ баромад, рӯи Ҳомонро пӯшониданд.

9 Ва Ҳарбӯно, яке аз хоҷасароёне ки ба хузури подшоҳ буданд, гуфт: «Инак доре низ ба баландии панҷоҳ зироъ дар хонаи Ҳомон истодааст, ки онро Ҳомон барои Мордахай, ки дар ҳаққи подшоҳ сухани некӯ гуфта буд, сохтааст». Ва подшоҳ гуфт: «Ӯро бар он биовезед!»

10 Бинобар ин Ҳомонро бар доре ки ӯ барои Мордахай муҳайё карда буд, овехтанд, ва ғазаби подшоҳ таскин ёфт.

8

БОБИ ҲАШТУМ

Ба бузургӣ расидани Мордахай.

1 Дар он рӯз подшоҳ Аҳашверӯш хонаи Ҳомони бадхоҳи яҳудиёнро ба Эстери малика дод, ва Мордахай ба ҳузури подшоҳ даромад, зеро Эстер фаҳмонда буд, ки ӯ ба вай чӣ нисбате дорад.

2 Ва подшоҳ нигини худро, ки аз Ҳомон гирифта буд, кашида ба Мордахай дод, ва Эстер Мордахайро ба хонаи Ҳомон баргумошт.

3 Ва Эстер боз дар ҳузури подшоҳ сухан ронд, ва пеши пойҳои ӯ афтод, ва гирья кард, ва аз ӯ илтимос намуд, ки бадии Ҳомони Аҷоҷӣ ва қасдеро, ки дар ҳаққи яҳудиён андешида буд, ботил кунад.

4 Ва подшоҳ чӯбдасти тиллоро сӯи Эстер дароз кард, ва Эстер бархоста, ба ҳузури подшоҳ истод,

5 Ва гуфт: «Агар подшоҳ салоҳ донад, ва агар ман ба ҳузури ӯ илтифот пайдо карда бошам, ва ин чиз дар ҳузури подшоҳ муносиб ҳисоб ёбад, ва ман дар назари ӯ некӯ бошам, бигзор навишта шавад, ки мактубҳои дасисакоронаи Ҳомон ибни Ҳамдотои Аҷоҷӣ, ки ӯ дар бораи талаф намудани яҳудиёне ки дар ҳамаи вилоятҳои подшоҳ мебошанд, навишта буд, ботил карда мешавад.

6 Зеро, чӣ гуна ман метавонам мусибатеро, ки ба сари қавми ман меояд, бубинам, ва чӣ гуна ман метавонам таҳлукаи ақрабои худро бубинам?»

7 Ва подшоҳ Аҳашверӯш ба Эстери малика ва Мордахаи яҳудӣ гуфт: «Инак, хонаи Ҳомонро ба Эстер додам, ва ӯро ба дор овехтанд аз барои он ки ба яҳудиён дасти тааддӣ дароз кард.

8 Ва шумо он чиро, ки дар ҳаққи яҳудиён ба назаратон маъқул бошад, аз номи подшоҳ бинависед ва бо нигини подшоҳ мӯҳр кунед, зеро фармонеро, ки аз номи подшоҳ навишта ва бо нигини подшоҳ мӯҳр карда шудааст, ботил намудан мумкин нест».

9 Ва он гоҳ, дар моҳи сеюм, ки моҳи сивон бошад, дар рӯзи бисту сеюми он, котибони подшоҳ даъват шуданд, ва мувофиқи ҳар он чи Мордахай амр фармуд, ба яҳудиён, ва ба волиён ва ҳокимон ва мирони вилоятҳо, ки аз Ҳинд то Ҳабаш саду бисту ҳафт вилоят буданд, ба ҳар вилоят бо хати он ва ба ҳар қавм бо забони он, ва ба яҳудиён бо хати онҳо ва бо забони онҳо навишта шуд.

10 Ва ӯ аз номи подшоҳ Аҳашверӯш навишта, бо нигини подшоҳ мӯҳр кард, ва мактубҳоро ба воситаи чопарони аспакӣ, ки бар аспҳои тезраве аз миёни тойкурраҳои тозии тавилаи подшоҳ савор шуда буданд, фиристод, —

11 Дар он мактубҳо подшоҳ ба яҳудиёне ки дар ҳар шаҳр мебошанд, иҷозат додааст, ки ҷамъ шуда, барои муҳофизати ҷони худ истодагӣ намоянд, тамоми иқтидори қавм ва вилоятеро, ки ба онҳо адоват доранд, бо якҷоягии тифлон ва занонашон нобуд кунанд, бикушанд ва талаф намоянд ва молу мулки онҳоро толону тороҷ кунанд,

12 Дар як рӯз, дар ҳамаи вилоятҳои подшоҳ Аҳашверӯш, дар рӯзи сездаҳуми моҳи дувоздаҳум, ки моҳи адор бошад.

13 «Нусхаҳои ин фармон дар ҳар вилоят ба ҳукми қонун дароварда, ба ҳамаи қавмҳо эълон карда шавад, то ки яҳудиён ба он рӯз барои интиқом гирифтан аз душманони худ тайёр бошанд».

14 Он чопарон бар аспҳои тезраве ки аз тавилаи подшоҳ буд, савор шуда, саросемавор ва шитобон бо амри подшоҳ роҳсипор гардиданд, ва ин қонун дар Шушани пойтахт мунташир шуд.

15 Ва Мордахай аз ҳузури подшоҳ бо либоси хисравонаи лоҷвард ва сафед, ва бо афсари бузурги тилло, ва бо қабои катони арғувонӣ берун омад, ва аҳли шаҳри Шушан шод ва хурсанд шуданд.

16 Барои яҳудиён равшанӣ, ва хурсандӣ, ва шодмонӣ, ва сарафрозӣ буд.

17 Ва дар ҳар вилоят ва шаҳр, дар ҳар ҷое ки амри подшоҳ ва қонуни ӯ расид, барои яҳудиён хурсандӣ ва шодмонӣ, базм ва ид буд, ва бисьёре аз қавмҳои ин сарзамин яҳудӣ шуданд, зеро ки тарси яҳудиён онҳоро фаро гирифта буд.

9

БОБИ НӮҲУМ

Яҳудиён аз душманони худ интиқом мегиранд.

1 Ва дар моҳи дувоздаҳум, ки моҳи адор бошад, дар рӯзи сездаҳуми он, ки вақти ба амал овардани амри подшоҳ ва қонуни ӯ расида буд, дар рӯзе ки душманони яҳудиён умед доштанд бар онҳо ҳукмфармо шаванд, вале акси он ба амал омада, яҳудиён бар адуёни худ ҳукмфармо шуданд:

2 Яҳудиён дар шаҳрҳои худ, дар ҳамаи вилоятҳои подшоҳ Аҳашверӯш ҷамъ шуданд, то ки ба бадхоҳони худ дасти тааддӣ дароз кунанд, ва ҳеҷ кас пеши онҳо натавонист истодагӣ намояд, чунки тарси онҳо ҳамаи қавмҳоро фаро гирифта буд.

3 Ва ҳамаи мирони вилоятҳо, ва волиён, ва ҳокимон, ва амалдорони подшоҳ яҳудиёнро дастгирӣ мекарданд, чунки тарси Мордахай онҳоро фаро гирифта буд,

4 Зеро ки Мордахай дар хонаи подшоҳ бузург буд, ва шӯҳраташ дар тамоми вилоятҳо паҳн мешуд, чунки таъсири ин шахс, яъне Мордахай, торафт меафзуд.

5 Ва яҳудиён ҳамаи душманони худро ба зарби шамшер заданд, ва куштанд, ва талаф намуданд, ва ба адуёни худ мувофиқи дилхоҳи худ амал карданд.

6 Ва дар Шушани пойтахт яҳудиён панҷсад касро куштанд ва талаф намуданд;

7 Ва Паршандото, ва Далфӯн, ва Аспото,

8 Ва Пӯрото, ва Адальё, ва Аридото,

9 Ва Пармашто, ва Арисой, ва Аридой, ва Вайзото, —

10 Даҳ писари Ҳомон ибни Ҳамдотои бадхоҳи яҳудиёнро куштанд, вале дасти худро барои толону тороҷ дароз накарданд.

11 Дар ҳамон рӯз шумораи онҳое ки дар Шушани пойтахт кушта шуданд, ба ҳузури подшоҳ хабар дода шуд.

12 Ва подшоҳ ба Эстери малика гуфт: «Дар Шушани пойтахт яҳудиён панҷсад кас ва даҳ писари Ҳомонро куштаанд ва талаф намудаанд; дар дигар вилоятҳои подшоҳ чиҳо карда бошанд? Хоҳишат чист? Он қонеъ карда хоҳад шуд. Илтимосат боз чист? Он ба ҷо оварда хоҳад шуд».

13 Ва Эстер гуфт: «Агар подшоҳ салоҳ донад, бигзор ба яҳудиёне ки дар Шушан мебошанд, иҷозат дода шавад, ки фардо низ бар ҳасби қонуни имрӯз амал кунанд ва даҳ писари Ҳомонро ба дор овезанд».

14 Ва подшоҳ гуфт: «Чунин бишавад!» Ва дар Шушан ба ҳукми қонун дароварда шуд, ва даҳ писари Ҳомонро овехтанд.

15 Ва яҳудиёне ки дар Шушан буданд, дар рӯзи чордаҳуми моҳи адор низ ҷамъ шуданд, ва дар Шушан сесад касро куштанд, вале дасти худро барои толону тороҷ дароз накарданд.

16 Ва дигар яҳудиёне ки дар вилоятҳои подшоҳ буданд, ҷамъ шуданд, то ки барои ҷони худ истодагӣ намуда, аз душманони худ оромӣ ёбанд, ва ҳафтоду панҷ ҳазор нафар адуёни худро куштанд, вале дасти худро барои толону тороҷ дароз накарданд.

17 Ин дар рӯзи сездаҳуми моҳи адор ба вуқӯъ омад, ва дар рӯзи чордаҳуми он оромӣ ёфтанд, ва онро рӯзи базм ва шодмонӣ карданд.

18 Валекин яҳудиёне ки дар Шушан буданд, дар рӯзи сездаҳуми он ва дар рӯзи чордаҳуми он ҷамъ шуданд, ва дар рӯзи понздаҳуми он оромӣ ёфтанд, ва онро рӯзи базм ва шодмонӣ карданд.

19 Бинобар ин яҳудиёни аз ҳисор берун, яъне онҳое ки дар шаҳрҳои беҳисор сукунат доранд, рӯзи чордаҳуми моҳи адорро рӯзи шодмонӣ ва базм ва ид мегардонанд ва ҳадияҳо ба ҳамдигар мефиристанд.

20 Ва Мордахай ин суханонро навишта, ба ҳамаи яҳудиёне ки дар ҳамаи вилоятҳои подшоҳ Аҳашверӯш буданд, ба ҷойҳои наздик ва дур мактубҳо фиристод,

Таъсиси иди пурим.

21 То онҳоро ӯҳдадор намояд, ки рӯзи чордаҳуми моҳи адор ва рӯзи понздаҳуми онро ҳар сол ид кунанд,

22 Ҳамчун рӯзҳое ки дар онҳо яҳудиён аз душманони худ оромӣ ёфтанд, ва ҳамчун моҳе ки барояшон андӯҳ ба шодмонӣ, ва мотам ба ид мубаддал шуд, — ин рӯзҳоро рӯзҳои базм ва шодмонӣ гардонида, ҳадияҳо ба ҳамдигар ва бахшишҳо ба бенавоён бифиристанд.

23 Ва яҳудиён он чиро, ки худашон ба иҷро карданаш шурӯъ намуда буданд, ва он чиро, ки Мордахай ба онҳо навишта буд, қабул карданд,

24 Зеро ки Ҳомон ибни Ҳамдотои Аҷоҷӣ, бадхоҳи ҳамаи яҳудиён, ба фикри талаф намудани яҳудиён афтода, барои нобуд ва талаф намудани онҳо пур — яъне қуръа — партофта буд,

25 Валекин вақте ки Эстер ба ҳузури подшоҳ даромад, ӯ бо мактуб амр фармуд, ки қасди баде ки Ҳомон дар ҳаққи яҳудиён андешида буд, ба сари худаш баргардонида шавад, ва ӯро бо писаронаш ба дор овехтанд.

26 Аз ин рӯ он рӯзҳоро аз калимаи пур пурим номиданд. Бинобар ин, мувофиқи ҳамаи суханони ҳамин нома, ва он чи худашон дар ин моҷаро дида буданд, ва он чи ба сарашон омада буд,

27 Яҳудиён қарор доданд ва ба зиммаи худ ва насли худ ва ҳамаи касоне ки ба онҳо ҳамроҳ мешаванд, ба таври мансухнопазир гирифтанд, ки он ду рӯзро бар тибқи он чи дар бораи онҳо навишта шудааст, ва бар тибқи замоне ки барои онҳо таъин гардидааст, ҳар сол ид кунанд,

28 Ва он рӯзҳо дар ҳар насл, қабила, вилоят ва шаҳр ёдоварӣ ва ид карда шавад, ва ин рӯзҳои пурим аз миёни яҳудиён мансух нагардад, ва зикри онҳо аз наслашон нест нашавад.

29 Бинобар ин Эстери малика, духтари Абиҳоил, ҳамроҳи Мордахаи яҳудӣ бо тамоми қатъият навишт, ки ин номаи дуюмро дар бораи пурим риоя намоянд.

30 Ва Мордахай ба ҳамаи яҳудиён, ба саду бисту ҳафт вилояти мамлакати Аҳашверӯш, мактубҳо бо суханони саломатӣ ва садоқат фиристод,

31 То ки ин рӯзҳои пуримро дар замони онҳо риоя намоянд, чунон ки барояшон Мордахаи яҳудӣ ва Эстери малика барқарор кардаанд, ва чунон ки худашон барои худ ва барои насли худ айёми рӯзадориҳо ва фиғонашонро муқаррар намудаанд.

32 Ва бо амри Эстер ин суханони оид ба пурим тасдиқ гардида, дар китоб навишта шуд.

10

БОБИ ДАҲУМ

Мордахай — шахси олиҷоҳи дуюм баъд аз подшоҳ.

1 Ва подшоҳ Аҳашверӯш бар замин ва ҷазираҳои баҳр боҷу хироҷ андохт.

2 Ва тамоми фаъолияти салтанат ва иқтидори ӯ ва тасвири шавкати Мордахай, ки ӯро подшоҳ ба бузургӣ расонида буд, оё дар китоби вақоеи айёми подшоҳони Модай ва Форс навишта нашудааст?

3 Зеро ки Мордахаи яҳудӣ баъд аз подшоҳ Аҳашверӯш шахси дуюм ва дар миёни яҳудиён бузург ва барои аксари бародарони худ матлуб буд, ки некбахтии қавми худро мехост ва барои саломатии тамоми насли худ ғамхорӣ мекард.