КИТОБИ

ВОИЗ

1

БОБИ ЯКУМ

Ҳама чиз ҳеҷу пуч аст.

1 Суханони Воиз ибни Довуд, ки дар Ерусалим подшоҳ буд.

2 Ҳеҷу пуч аст, гуфт Воиз,

ҳеҷу пуч аст, ҳама чиз ҳеҷу пуч аст!

3 Чӣ суд аст барои одамизод аз тамоми меҳнате ки дар таҳти офтоб мекунад?

Далел ин аст, ки ҳама чиз гузашта меравад.

4 Насле меравад, ва насле меояд,

вале замин то абад меистад.

5 Офтоб тулӯъ мекунад, ва офтоб ғуруб мекунад,

ва ба макони худ, ки он ҷо вай тулӯъ мекунад, мешитобад.

6 Бод сӯи ҷануб меравад

ва сӯи шимол чарх мезанад;

бод чарх зада‐чарх зада меравад

ва ба доираҳои чархзании худ бармегардад.

7 Ҳамаи наҳрҳо сӯи баҳр ҷорӣ мешаванд,

вале баҳр пур намешавад;

ба маконе ки наҳрҳо аз он ҷо ҷорӣ мешаванд,

онҳо бармегарданд, то ки аз нав ҷорӣ шаванд.

8 Ҳамаи чизҳо дилгиркунанда аст;

касе наметавонад инро ифода намояд,

чашм аз дидан сер намешавад,

ва гӯш аз шунидан пур намешавад.

9 Он чи буд, ҳамон аст, ки хоҳад буд;

ва он корҳое ки карда шуд, ҳамон аст, ки карда хоҳад шуд,

ва ҳеҷ чизи тозае дар таҳти офтоб нест.

10 Баъзан дар бораи чизе мегӯянд:

«Бубин, ана ин тоза аст!»

Аммо дар асрҳои қадиме ки пеш аз мо буд,

он чиз вуҷуд дошт.

11 Зикре аз гузаштагон нест,

ва низ аз ояндагон, ки меоянд, зикре нахоҳад буд назди онҳое ки баъдтар хоҳанд омад.

Сарфи назар аз ҳикмат ва дониш шарорат мавҷуд аст.

12 Ман, Воиз, дар Ерусалим подшоҳ бар Исроил будам;

13 Ва дили худро ба он ниҳодам, ки ҳар кореро, ки дар таҳти осмон карда мешавад, бо ҳикмат тадқиқ ва тафтиш намоям; ин шуғли нохуш аст, ки Худо насиби банӣ‐одам кардааст, то ки аз он азият кашанд.

14 Ҳамаи корҳоеро, ки дар таҳти офтоб карда мешавад, дидам, ва инак, ҳама ҳеҷу пуч ва бод паймудан аст!

15 Он чи каҷ аст, наметавонад рост шавад, ва он чи каму кост аст, наметавонад ба шумор биёяд.

16 Ман бо дили худ сухан ронда, гуфтам: «Инак, ман бузург шудам, ва бештар аз ҳар касе ки пеш аз ман бар Ерусалим буд, ҳикмат зиёд кардам, ва дили ман ҳикмат ва донишро бисьёр дид».

17 Ва дили худро ба донистани ҳикмат ва шинохтани фисқу фуҷур ва ҳамоқат ниҳодам; вале фаҳмидам, ки ин низ бод паймудан аст.

18 Зеро ки ба қадри афзудани ҳикмат ғусса меафзояд, ва ҳар кӣ донишро зиёд кунад, азобро зиёд мекунад.

2

БОБИ ДУЮМ

Бефоида будани ҳаловатҳои заминӣ.

1 Ман ба дили худ гуфтам: «Биё, туро бо айшу тараб биозмоям, то хуширо пайдо кунам», — ва инак, ин низ ҳеҷу пуч аст!

2 Дар бораи ханда гуфтам: «Ҷунун аст!» Ва дар бораи айшу тараб: «Ин чӣ нафъ мекунад?»

3 Дар дили худ аҳд кардам, ки ҷисми худро бо шароб лаззат диҳам ва, дар сурате ки дилам бо ҳикмат рафтор мекунад, ҳамоқатро низ нигоҳ дорам, то бубинам, ки кадомаш барои банӣ‐одам хуб аст, ки онро дар таҳти осмон дар айёми ками ҳаёти худ ба амал оваранд.

Сарват ва меҳнат қаноатмандии бардавоме намебахшанд.

4 Корҳои бузурге кардам: хонаҳо барои худ сохтам, токзорҳо барои худ шинондам;

5 Боғҳо ва фирдавсҳо барои худ барпо кардам, ва дар онҳо ҳар хел дарахтони мевадор шинондам;

6 Ҳавзҳои об барои худ сохтам, то ки аз онҳо бешаеро, ки дарахтон дар он мерӯянд, обьёрӣ намоям;

7 Ғуломон ва канизон харидам, ва хоназодон доштам; ҳамчунин бештар аз ҳамаи онҳое ки пеш аз ман дар Ерусалим буданд, рамаҳои говон, гӯсфандон ва бузон доштам;

8 Нуқра ва тилло ва ганҷи подшоҳон ва кишварҳоро низ барои худ ҷамъ кардам; мутрибон ва мутрибагон, ва ҳаловатҳои банӣ‐одам, ва бисьёр канизони ҳамхоба барои худ пайдо кардам.

9 Ва бузург шудам, ва бештар аз ҳар касе ки пеш аз ман дар Ерусалим буд, сарват зиёд кардам; ҳикматам низ мададгори ман буд.

10 Ва ҳар чизе ки чашмонам ҳавас кард, аз онҳо дареғ надоштам; дили худро аз ҳеҷ айшу тараб боздорӣ накардам, чунки дилам аз ҳар меҳнати ман шод мешуд, — ва насибаи ман аз ҳар меҳнатам ҳамин буд.

11 Вале ман ба ҳамаи корҳои худ, ки дастҳоям карда буд, ва ба меҳнате ки дар карданаш машаққат кашида будам, назар андохтам, — ва инак, ҳама ҳеҷу пуч ва бод паймудан аст, ва дар таҳти офтоб суде надорад!

Ҳикмат аз аблаҳӣ беҳтар аст,

лекин ҳам ин ва ҳам он даргузар аст.

12 Ва ман назар андохтам, то ки ҳикмат ва фисқу фуҷур ва ҳамоқатро бубинам, зеро одаме ки баъд аз подшоҳ меояд, чӣ коре метавонад бикунад хубтар аз он ки пештар карда шудааст?

13 Ва ман дидам, ки бартарии ҳикмат бар ҳамоқат монанди бартарии рӯшноӣ бар торикист.

14 Чашмони хирадманд дар сари ӯ воз аст, вале аблаҳ дар торикӣ роҳ меравад. Ва ман онро низ донистам, ки айни як воқеа ба ҳамаи онҳо рӯй хоҳад дод.

15 Ва ман дар дили худ гуфтам: «Воқеае ки ба аблаҳ рӯй медиҳад, ба ман низ рӯй хоҳад дод, пас чаро ман бештар хирадманд шудаам?» Ва дар дили худ гуфтам, ки ин низ ҳеҷу пуч аст,

16 Зеро ки зикре аз хирадманд, баробари аблаҳ, ба сурати абадӣ нахоҳад монд: дар айёми ояндаи дур ҳама фаромӯш хоҳад шуд, ва — ҳайҳот! — хирадманд баробари аблаҳ хоҳад мурд.

17 Бинобар ин аз ҳаёт нафрат намудам, зеро корҳое ки дар таҳти офтоб карда мешавад, дар назарам нохуш аст, чунки ҳама ҳеҷу пуч ва бод паймудан аст!

18 Ва ман аз тамоми меҳнати худ, ки ман дар таҳти офтоб карда будам, нафрат намудам, чунки онро ба одаме ки баъд аз ман меояд, бояд боқӣ гузорам.

19 Ва кист, ки бидонад, ки оё ӯ хирадманд хоҳад буд ё аблаҳ? Ва ӯ бар тамоми меҳнате ки дар таҳти офтоб бо машаққат ва ҳикмат кардаам, ҳукмфармо хоҳад шуд. Ин низ ҳеҷу пуч аст!

20 Ва ман рӯ ба қафо оварда, дили худро аз тамоми меҳнате ки дар таҳти офтоб кардаам, маъюс гардондам,

21 Зеро одаме ҳаст, ки бо ҳикмат ва дониш ва истеъдод меҳнат кардааст, ва онро бояд чун насибаи муносибе ба шахсе бидиҳад, ки дар он ҳеҷ машаққат накашидааст. Ин низ ҳеҷу пуч ва шарорати азим аст!

22 Зеро одамизод аз тамоми меҳнати худ ва орзуи дили худ, ки дар таҳти офтоб кардааст, чӣ ҳаловате мебарад?

23 Чунки дар тамоми айёми ӯ азоб ва ғусса шуғли ӯст; шабона ҳам дили ӯ ором надорад. Ин низ ҳеҷу пуч аст!

24 Барои одамизод чизе хубтар аз ин нест, ки бихӯрад ва бинӯшад ва ҷони худро аз меҳнати худ лаззат диҳад; аммо дидам, ки ин низ аз дасти Худост.

25 Зеро бе изни Худо кист, ки тавонад бихӯрад, ва кист, ки тавонад лаззат барад?

26 Зеро ба одаме ки дар назари Ӯ нек аст, Худо ҳикмат ва дониш ва айшу тараб мебахшад, вале ба хатокор ғами ғун кардан ва андӯхтанро мебахшад, то ки онро ба касе ки дар назари Худо нек аст, бидиҳад. Ин низ ҳеҷу пуч ва бод паймудан аст!

3

БОБИ СЕЮМ

Вақту соат доштани аъмоли инсон.

1 Барои ҳар чиз замоне ҳаст, ва барои ҳар кор дар таҳти осмон вақте ҳаст:

2 Вақте барои таваллуд шудан, ва вақте барои мурдан;

вақте барои дарахт шинондан, ва вақте барои решакан кардани он чи шинонда шудааст.

3 Вақте барои куштан, ва вақте барои шифо додан;

вақте барои хароб кардан, ва вақте барои бино кардан.

4 Вақте барои гиристан, ва вақте барои хандидан;

вақте барои мотам гирифтан, ва вақте барои рақсидан.

5 Вақте барои партофтани сангҳо, ва вақте барои ҷамъ кардани сангҳо;

вақте барои оғӯшкашӣ, ва вақте барои дурӣ аз оғӯш.

6 Вақте барои пайдо кардан, ва вақте барои гум кардан;

вақте барои нигоҳ доштан, ва вақте барои партофтан.

7 Вақте барои даррондан, ва вақте барои дӯхтан;

вақте барои хомӯш мондан, ва вақте барои сухан рондан.

8 Вақте барои дӯст доштан, ва вақте барои нафрат кардан;

вақте барои ҷанг, ва вақте барои сулҳ.

9 Пас, чӣ суд аст барои коркун аз меҳнате ки мекунад?

10 Бореро, ки Худо насиби банӣ‐одам кардааст, то ки онро бардоранд, дидам.

11 Ҳама чизро Ӯ дар вақташ ба хубӣ ба вуҷуд овардааст; ҳамчунин фикри абадиятро дар дили одамизод ҷо додааст, ба тавре ки онҳо кореро, ки Худо кардааст, аз ибтидо ва то интиҳо наметавонанд дарьёбанд.

12 Донистам, ки барои онҳо чизе хубтар аз ин нест, ки айшу тараб намоянд ва дар ҳаёти худ некӣ кунанд.

13 Ва агар ҳар одам бихӯрад ва бинӯшад ва аз ҳар меҳнати худ некӣ бинад, — ин низ атои Худост.

14 Донистам, ки ҳар он чи Худо кардааст, то абад хоҳад монд; чизе бар он илова намудан ва аз он кам кардан мумкин нест; ва Худо чунин кардааст, то ки аз Ӯ битарсанд.

15 Он чи ҳаст, аз қадим аст, ва он чи хоҳад шуд, пештар низ буд; ва Худо гузаштаро толиб аст.

16 Ва боз дар таҳти офтоб макони довариро дидам, ки он ҷо шарорат аст, ва макони адолатро, ки он ҷо ноинсофист.

17 Ман дар дили худ гуфтам: «Одил ва шарирро Худо доварӣ хоҳад кард, зеро ки барои ҳар чиз ва барои ҳар кор дар он ҷо вақте ҳаст».

18 Ман дар дили худ дар ҳаққи банӣ‐одам гуфтам, ки Худо ба онҳо имтиҳоне дод, то бубинанд, ки онҳо ба худии худ мисли чорпоёнанд,

19 Зеро ки воқеаи банӣ‐одам мисли воқеаи чорпоён аст — барои онҳо айни як воқеа аст: чунон ки инҳо мемиранд, онҳо низ мемиранд, ва барои ҳама айни як рӯҳ аст, ва одамизод аз чорпоён бартарӣ надорад; дар асл ҳама ҳеҷу пуч аст!

20 Ҳама ба як ҷо меравад: ҳама аз хок аст, ва ҳама ба хок бармегардад.

21 Кист, ки бидонад, ки оё рӯҳи банӣ‐одам ба боло сууд мекунад, ва рӯҳи чорпоён ба поён, ба сӯи замин нозил мешавад?

22 Ва дидам, ки чизе хубтар аз ин нест, ки одамизод бо аъмоли худ айшу тараб намояд, чунки ин насибаи ӯст; зеро кист, ки ӯро гардонда оварад барои дидани он чи баъд аз сари ӯ воқеъ хоҳад шуд?

4

БОБИ ЧОРУМ

Ҳаёт беамон ва ноинсоф аст.

1 Ва ман боз назар андохта, ҳамаи ситамҳоеро, ки дар таҳти офтоб карда мешавад, дидам; ва инак ашкҳои ситамкашон, вале барои онҳо тасаллидиҳандае нест; ва қувват дар дасти ситамкунандагони онҳост, вале барои онҳо тасаллидиҳандае нест.

2 Ва ман мурдаҳоеро, ки пеш аз ин мурдаанд, назар ба зиндаҳое ки ҳанӯз зинда ҳастанд, хушбахт мешуморам;

3 Ва аз ҳар дуи онҳо хушбахттар аст касе ки ҳанӯз ба дуньё наомадааст, касе ки корҳои бадеро, ки дар таҳти офтоб карда мешавад, надидааст.

4 Ва ман дидам, ки ҳар меҳнат ва ҳар муваффақияти кор натиҷаи аз якдигар ҳасад бурдан аст. Ин низ ҳеҷу пуч ва бод паймудан аст!

5 Аблаҳ дастҳои худро дар бағал зада менишинад ва гӯшти худро мехӯрад.

6 Як мушти пур аз роҳат беҳ аз ду мушти пур аз заҳмат ва бодпаймоӣ.

7 Ва ман боз назар андохта, ҳеҷу пучро дар таҳти офтоб дидам:

8 Одами танҳое ҳаст, ки касе надорад; ӯро писаре ва бародаре низ нест; ва тамоми меҳнаташ интиҳо надорад; чашмаш низ аз сарват сер намешавад. «Пас, барои кӣ ман меҳнат карда, ҷони худро аз нозу неъмат маҳрум менамоям?» Ин низ ҳеҷу пуч ва шуғли нохуш аст!

9 Ду нафар аз як нафар беҳтаранд, чунки барои онҳо аз меҳнаташон музди хубе пайдост.

10 Зеро ки агар яке афтад, дигаре аз онҳо рафиқи худро бармехезонад. Валекин вой ба ҳоли он одами танҳо, вақте ки ӯ афтад, ва касе набошад, ки ӯро бархезонад!

11 Ҳамчунин, агар ду нафар бихобанд, гарм мешаванд, вале як нафар чӣ гуна гарм шавад?

12 Ва агар ба яке аз онҳо касе ҳуҷум кунад, ҳар дуяшон ба вай муқобилат мекунанд. Ва риштаи сеқабата ба зудӣ канда намешавад.

13 Ҷавони бенаво ва хирадманд беҳ аз подшоҳи пир ва аблаҳе ки эҳтиётро дигар намедонад.

14 Зеро ки ӯ аз ҳабсхона барои подшоҳӣ кардан берун омадааст, ва ҳол он ки вай дар подшоҳии худ низ мискин таваллуд ёфтааст.

15 Ҳамаи зиндаҳоро дидам, ки дар таҳти офтоб бо ҷавони ҷонишин, ки бар тахти вай хоҳад нишаст, роҳ мерафтанд.

16 Тамоми он қавм, ҳамаи онҳое ки ӯ дар пешашон буд, интиҳо надоштанд, аммо баъдтар аз ӯ шод нахоҳанд шуд. Дар асл ин низ ҳечу пуч ва бод паймудан аст!

17 Вақте ки ба хонаи Худо меравӣ, аз пои худ бохабар бош, ва ба шунидан бештар рағбат намо назар ба қурбониҳое ки аблаҳон меоваранд, зеро ки онҳо фарқи байни бадӣ ва некиро намедонанд.

5

БОБИ ПАНҶУМ

Бефоида будани сарват.

Огоҳӣ аз суханони бемулоҳиза.

1 Бо даҳони худ шитоб накун, ва бигзор дили ту ба гуфтани сухане ба ҳузури Худо телба нашавад; зеро ки Худо дар осмон аст, вале ту бар замин ҳастӣ; бинобар ин бигзор суханони ту кам бошад.

2 Зеро ки хоб дидан аз шуғли бисьёр пайдо мешавад, ва овози аблаҳ аз сухани бисьёр.

3 Вақте ки ба Худо назр мекунӣ, дар адои он таъхир накун, зеро ки Ӯ ба аблаҳон таваҷҷӯҳ намекунад; он чи назр кардаӣ, адо намо.

4 Назр накарданат беҳ аз он ки назр кунию адо нанамоӣ.

5 Намон, ки даҳонат ҷисми туро гуноҳкор гардонад, ва дар ҳузури фаришта нагӯй, ки «ин саҳв аст!» Чаро Худо барои сухани ту ба хашм омада, амали дастҳои туро вайрон кунад?

6 Зеро ки хобҳо ва чизҳои ҳеҷу пуч бисьёр шавад, сухан бисьёр мешавад, лекин ту аз Худо битарс.

7 Агар ситамро дар ҳаққи мискинон, ва каҷравии инсоф ва адолатро дар кишвар бубинӣ, аз ин ҳодиса тааҷҷуб накун, зеро ки бар болонишин касе назорат мекунад, ки аз вай болотар аст, ва бар онҳо нозирони боз ҳам болотар ҳастанд.

8 Валекин суд ба мамлакат аз ҳама мерасад, ва ҳатто подшоҳ ба киштукори саҳроҳо ғамхорӣ менамояд.

9 Дӯстдори нуқра аз нуқра сер намешавад, ва касе ки сарвати зиёдро дӯст медорад, мадохилаш ба муддаои табъаш нест. Ин низ ҳеҷу пуч аст!

10 Нозу неъмат зиёд шавад, хӯрандаҳои он зиёд мешаванд; пас, ба соҳиби он чӣ суде ҳаст ҷуз ин ки чашмонаш онро мебинад?

11 Хоби меҳнаткаш ширин аст, хоҳ хӯрокро кам бихӯрад ва хоҳ бисьёр; вале серии сарватдор намемонад, ки ӯ хоб равад.

12 Бадии пуразобе ҳаст, ки дар таҳти офтоб дидам: сарвате ки соҳибаш онро ба зарари худ саришта мекунад.

13 Ва он сарват дар ҳодисаи баде барбод рафт, ва ӯ писаре ба дуньё овард, ва чизе дар дасташ нест.

14 Чунон ки аз батни модараш берун омад, ончунон бараҳна, дар ҳолате ки омад, бармегардад, ва аз меҳнати худ чизе намегирад, ки ба дасти худ бурда тавонад.

15 Ва ин низ бадии пуразоб аст: чӣ гунае ки омад, ҳамон гуна меравад; пас, чӣ суд аст барои ӯ, ки бод паймуда заҳмат кашидааст?

16 Тамоми айёми худ низ дар торикӣ хӯрок хӯрдааст, ва аз бисьёрии асабият ва хашм бемор шудааст.

17 Инак он чи ман боз дидам: хуб ва хуш аст, ки кас дар айёми ками умри худ, ки Худо ба ӯ бахшидааст, бихӯрад ва бинӯшад ва аз тамоми меҳнате ки дар таҳти офтоб мекунад, некӣ бинад, чунки ин насибаи ӯст.

18 Ҳамчунин ҳар одаме ки Худо ба ӯ сарват ва молу мулк бахшидааст ва ба ӯ ихтиёр додааст, ки аз он бихӯрад ва насибаи худро гирифта, аз меҳнати худ шодӣ кунад, — ин атои Худост.

19 Зеро, чун Худо ӯро ба шодмонии дили ӯ машғул мекунад, кас фаромӯш мекунад, ки айёми умраш бисьёр нест.

6

БОБИ ШАШУМ

Давоми ҳамон мавзӯъ.

1 Бадие ҳаст, ки дар таҳти офтоб дидам, ва он бар одамизод гарон меояд:

2 Касе ки Худо ба ӯ сарват ва молу мулк ва ҷалол мебахшад, ва барои ҷони ӯ аз ҳар чизе ки ҳавас кунад, ҳеҷ норасогӣ нест, валекин Худо ба ӯ ихтиёр надодааст, ки аз он бихӯрад, — балки каси бегона онро мехӯрад; ин ҳеҷу пуч ва дарди бад аст!

3 Агар касе сад писар ба дуньё оварад, ва солҳои бисьёр зиндагӣ кунад, ва айёми солҳояш боз ҳам зиёд шавад, валекин ҷонаш аз некӣ сер нашавад, ва ӯ дафну кафан низ надошта бошад, — мегӯям, ки афгона аз ӯ беҳтар аст,

4 Чунки вай ҳамчун чизи ҳеҷу пуч омад, ва ба торикӣ рафт, ва номаш бо торикӣ пӯшида шуд;

5 Офтобро низ надид ва надонист; вай аз он кас бештар ором дорад.

6 Ва агар ӯ ҳатто ду ҳазор сол зиндагӣ кунад ва некӣ набинад, — оё ҳама ба як ҷо намераванд?

7 Тамоми меҳнати одамизод барои даҳони ӯст, ва бо вуҷуди ин, иштиҳояш қонеъ намешавад.

8 Пас, бартарии хирадманд аз аблаҳ дар чист? Ва бартарии бенавое ки медонад пеши зиндаҳо чӣ гуна рафтор кунад?

9 Дидани чашмон беҳ аз иштиёқи нафс; ин низ ҳеҷу пуч ва бод паймудан аст!

10 Ҳар он чи ба вуқӯъ меояд, аз азал муқаррар шудааст, ва чигунагии моҳияти одамизод маълум аст, ва ӯ наметавонад ба он чи аз ӯ пурзӯртар аст, муқобилат намояд.

11 Зеро чизҳои бисьёре ҳаст, ки ҳеҷу пучро афзун мекунад, — пас чӣ суд аст барои одамизод?

12 Зеро кист, ки бидонад, ки барои одамизод дар зиндагӣ, дар айёми ками умри ботиле ки ӯ мисли соя ба сар мебарад, чӣ чиз хуб аст? Ва кист, ки одамизодро аз он чи баъд аз ӯ дар таҳти офтоб рӯй хоҳад дод, хабардор кунад?

7

БОБИ ҲАФТУМ

Инсон фақат дар ҳикмат ва соддагӣ ором меёбад.

1 Номи нек беҳ аз равғани атрафшон;

ва рӯзи мамот беҳ аз рӯзи таваллуд.

2 Рафтан ба азохона беҳ

аз рафтан ба шаробхона,

чунки ин оқибати ҳар одам аст,

ва зинда инро дар дили худ мегузорад.

3 Ғусса беҳ аз ханда,

зеро вақте ки чеҳра ғамгин аст, дил нек мешавад.

4 Дили хирадмандон дар азохона аст,

вале дили аблаҳон — дар тарабхона.

5 Шунидани итоби хирадманд беҳ

аз шунидани суруди аблаҳон,

6 Чунки хандаи аблаҳон

мисли чарс‐чарси хорҳо дар таги дег аст.

Ин низ ҳеҷу пуч аст!

7 Истисмор хирадмандро сабукмағз мегардонад,

ва ришва дилро фосид мекунад.

8 Оқибати кор беҳ аз оғози он;

собир беҳ аз ҳавобаланд.

9 Дар рӯҳи худ ба хашм гирифтан шитоб накун,

чунки хашм дар синаи аблаҳон қарор меёбад.

10 Нагӯй: «Чаро айёми қадим аз ҳозира беҳтар буд?»

Чунки дар ин бобат на аз рӯи ҳикмат савол медиҳӣ.

11 Ҳикмат бо якҷоягии мерос хуб аст,

алалхусус барои бинандагони офтоб,

12 Зеро, чунон ки одам дар сояи ҳикмат аст, дар сояи нуқра низ мебошад;

валекин бартарии дониш ин аст, ки ҳикмат ба соҳибони худ зиндагӣ мебахшад.

13 Амали Худоро бубин:

зеро кист, ки тавонад он чиро, ки Ӯ каҷ кардааст, рост кунад?

14 Дар рӯзи нек хурсандӣ бикун,

ва дар рӯзи бад андеша намо,

ки Худо инро низ баробари он ба амал овардааст,

то ки одамизод баъд аз он натавонад чизеро дарьёбад.

15 Дар айёми ҳеҷу пучи худ ҳамаро дидам: одиле ҳаст, ки дар адолати худ нобуд мешавад, ва шарире ҳаст, ки дар шарорати худ умри дароз мебинад.

16 Аз ҳад зиёд одил набош, ва берун аз андоза рафтори хирадмандона накун: чаро худро ба ҳалокат бирасонӣ?

17 Аз ҳад зиёд ба шарорат дода нашав, ва аҳмақ набош: чаро бемаҳал бимирӣ?

18 Хуб мешавад, ки инро пайравӣ намоӣ ва аз он низ дасти худро накашӣ, зеро ҳар кӣ аз Худо тарсад, аз ҳамаи инҳо ҳазар мекунад.

19 Ҳикмат хирадмандро бештар аз даҳ ҳокиме ки дар шаҳр бошанд, пурзӯртар мегардонад.

20 Дар асл одами одиле дар рӯи замин нест, ки некӣ кунад ва хатое содир нанамояд.

21 Ҳамчунин ба ҳамаи суханоне ки гуфта мешавад, диққат надеҳ, то ки ғуломи худро нашнавӣ, вақте ки вай дар ҳаққи ту лаънат мегӯяд.

22 Зеро дили ту дафъаи бисьёр донистааст, ки ту низ дар ҳаққи дигарон лаънат гуфтаӣ.

23 Ҳамаи инро бо ҳикмат озмудам; гуфтам: «Ҳикмат хоҳам варзид»; валекин он аз ман дур аст.

24 Он чи ҳаст, дур аст ва бағоят амиқ аст; пас кист, ки онро дарьёбад?

25 Ва ман бо дили худ ба он рӯ овардам, ки ҳикмат ва хулосаро дарк намоям ва тафтиш ва таҳқиқ кунам, то бидонам, ки то чӣ андоза шарорат аблаҳист ва ҳамоқат фисқу фуҷур аст.

26 Ва ман дарьёфтам, ки зан аз мамот талхтар аст, ки вай домҳост, ва дилаш тузоқҳост, ва дастҳояш завлонаҳост; касе ки дар назари Худо нек аст, аз вай раҳо хоҳад шуд, валекин хатокор ба доми вай хоҳад афтод.

27 Бубин, гуфт Воиз, инро дарьёфтам, вақте ки якояк шумурдам, то ки натиҷае дарьёбам.

28 Дар сурате ки ҷони ман боз ҷустуҷӯ кард, ва ман наёфтам, — як мардро аз байни ҳазор нафар ёфтам, вале зане аз байни ҳамаи онҳо наёфтам.

29 Аммо, бубин, фақат ҳаминро ёфтам, ки Худо одамизодро росткор офарид, валекин онҳо аз дунболи каҷкориҳои бисьёр рафтанд.

8

БОБИ ҲАШТУМ

Хушо тарсгорони Худо ва онҳое ки ба ҳукуматдорон итоат мекунанд.

1 Кист, ки тавонад мисли хирадманд бошад? Ва кист, ки таъбири ҳар чизро бидонад? Ҳикмати одамизод чеҳраи ӯро равшан мекунад, ва шиддати чеҳраи ӯ тағьир меёбад.

2 Ман гуфтам: амри подшоҳро риоя намо, ба хотири савганде ки ба исми Худо ёд карда мешавад.

3 Ба рафтан аз пеши ӯ шитоб накун, дар кори бад истодагӣ накун, зеро ки ӯ ҳар чи хоҳад, мекунад.

4 Азбаски сухани подшоҳ тасаллут дорад, кист, ки ба ӯ бигӯяд: «Чӣ мекунӣ?»

5 Касе ки ҳукмро риоя намояд, чизи баде нахоҳад дид; вале дили хирадманд вақт ва доварии муносибро медонад.

6 Зеро ки барои ҳар чиз вақт ва доварии муносибе ҳаст, ҳар чанд ки бадии одамизод бар вай гарон меояд,

7 Зеро ӯ он чиро, ки воқеъ хоҳад шуд, намедонад, ва кист, ки анҷоми онро ба ӯ бигӯяд?

8 Одамизод бар рӯҳи худ тасаллут надорад, то ки рӯҳро боздорад; ҳамчунин бар рӯзи мамот тасаллут надорад, ва чунон ки дар ин корзор ӯро раҳоӣ нест, шарорат низ соҳибашро халос намекунад.

9 Ҳамаи инро дидам, ва дили худро ба ҳар коре ки дар таҳти офтоб карда мешавад, ниҳодам: бисьёр вақтҳо одам бар одам ба зарари вай ҳукмронӣ мекунад.

10 Ва ҳамчунин шариронро дидам, ки гӯронида шуданд, ва ба оромгоҳи худ расиданд; вале онҳое ки росткор буданд ва дар макони муқаддас омадурафт доштанд, дар шаҳр фаромӯш гардиданд. Ин низ ҳеҷу пуч аст!

11 Азбаски фатво оид ба амали бад ба зудӣ иҷро намешавад, бинобар ин дили банӣ‐одам барои бадкории онҳо пур аз ҷуръат мегардад.

12 Агарчи хатокор сад бор бадӣ мекунад ва умри дароз мебинад, дар асл ман медонам, ки дар оқибат некӯӣ фақат барои тарсгорони Худо хоҳад буд, ки онҳо ба ростӣ аз Ӯ метарсанд;

13 Валекин барои шарир некӯӣ нахоҳад буд, ва ӯ мисли соя умри дароз нахоҳад дид, чунки аз Худо наметарсад.

14 Чизҳои ҳеҷу пуче ҳаст, ки бар рӯи замин ба амал меояд: одилоне ҳастанд, ки подоши сазовори амали шарирон насибашон мешавад, ва шарироне ҳастанд, ки подоши сазовори амали одилон насибашон мешавад. Гуфтам, ки ин низ ҳеҷу пуч аст!

15 Пас ман айшу тарабро ситоиш кардам, ки барои одамизод дар таҳти офтоб чизе хубтар аз хӯрдан ва нӯшидан ва айшу тараб намудан нест; ва ин ӯро дар айёми зиндагии пурмеҳнаташ, ки Худо ба ӯ дар таҳти офтоб бахшидааст, ҳамроҳӣ мекунад.

16 Вақте ки дили худро ба он ниҳодам, ки ҳикматро дарьёбам ва корубореро, ки бар рӯи замин ба амал меояд, бубинам, дар сурате ки одамизод на шаб ва на рӯз хобро ба чашмони худ намебинад, —

17 Он гоҳ тамоми амали Худоро дидам, ки одамизод он амалеро, ки дар таҳти офтоб карда мешавад, наметавонад дарьёбад: ҳар чанд одамизод барои тадқиқи он меҳнат кунад, онро пай намебарад, ва ҳатто агар хирадманде бигӯяд, ки «медонам», ӯ наметавонад онро дарьёбад.

9

БОБИ НӮҲУМ

Атоҳои Худоро бо шодӣ қабул намо ва иродаи Ӯро ба амал овар.

1 Ҳамаи инро дар дили худ ниҳодам, то барои ман равшан шуд, ки одилон ва хирадмандон ва аъмоли онҳо дар дасти Худо мебошанд; ва одамизод намедонад, ки муҳаббат дар интизори ӯст ё нафрат.

2 Ҳар чиз барои ҳама баробар аст: айни як воқеа барои одил ва шарир аст, барои нек ва пок ва палид аст, барои касест, ки забҳ мекунад, ва барои касест, ки забҳ намекунад; хоҳ нек бошад, хоҳ хатокор; хоҳ қасам ёд кунад, хоҳ аз қасам тарсад.

3 Дар ҳар коре ки дар таҳти офтоб карда мешавад, аз ҳама бадтар ин аст, ки айни як воқеа барои ҳама аст, бинобар ин дили банӣ‐одам аз бадӣ пур аст, ва дар зиндагии онҳо фисқу фуҷур дар дили онҳост, ва пас аз он сӯи мурдаҳо мераванд.

4 Касе ки дар миёни зиндаҳост, барои вай ҳанӯз умеде ҳаст, зеро ки саги зинда аз шери мурда беҳтар аст.

5 Зиндаҳо медонанд, ки бояд бимиранд, вале мурдаҳо чизе намедонанд, ва барои онҳо дигар подоше нест, ҳатто зикрашон фаромӯш шудааст;

6 Ҳам муҳаббаташон, ҳам нафраташон ва ҳам рашкашон барбод рафтааст, ва дигар то абад барои онҳо аз ҳар коре ки дар таҳти офтоб карда мешавад, насибае нахоҳад буд.

7 Пас бирав, нони худро бо хурсандӣ бихӯр ва шароби худро бо дилхушӣ бинӯш, модоме ки Худо ба аъмоли ту таваҷҷӯҳ мекунад.

8 Бигзор либосҳои ту ҳама вақт сафед бошад, ва равған бар сари ту кам нашавад.

9 Дар тамоми айёми ҳаёти ҳеҷу пучи худ, ки Ӯ ба ту дар таҳти офтоб бахшидааст, яъне дар тамоми айёми ҳеҷу пучи худ, бо завҷае ки дӯст медорӣ, аз зиндагӣ лаззат бигир, зеро ки дар ҳаёт ва дар меҳнате ки дар таҳти офтоб мекунӣ, насибаи ту ҳамин аст.

10 Ҳар коре ки карданаш аз дасти ту ояд, алоқадри қуввати худ бикун, зеро дар гӯр, ки ба он ҷо меравӣ, на амал ҳаст, на тафаккур, на дониш ва на ҳикмат.

11 Боз назар андохта, дар таҳти офтоб дидам, ки даводавӣ на аз барои сабукравон аст, ва корзор на аз барои баҳодурон аст, ва нон на аз барои хирадмандон аст, ва сарват на аз барои оқилон аст, ва меҳр на аз барои донишмандон аст; чунки вақти номусоид ва нокомӣ ба ҳамаи онҳо рӯй хоҳад дод.

12 Илова бар ин одамизод низ вақти худро намедонад: чунон ки моҳиён ба тӯри ҳалокатовар банд мешаванд, ва паррандагон ба дом меафтанд, ончунон банӣ‐одам ба вақти пуркулфат, ки ногаҳон ба сарашон меояд, гирифтор мешаванд.

13 Чунин ҳикматро низ дар таҳти офтоб дидам, ва он дар назари ман бузург аст:

14 Шаҳри хурде буд, ва мардумаш кам буданд, ва подшоҳи бузурге назди он омад, ва онро иҳота намуд, ва манораҳои бузурге барои муҳосираи он барпо кард.

15 Валекин дар он як марди бенавои хирадманд ёфт шуд, ва ӯ бо ҳикмати худ ин шаҳрро раҳо кард; аммо ҳеҷ кас он марди бенаворо ба ёд наовард.

16 Ва ман гуфтам: ҳикмат беҳ аз зӯроварӣ; вале ҳикмати марди бенаво хор аст, ва суханонашро намешунаванд.

17 Суханони хирадмандонро, ки оромона гуфта мешавад, назар ба фарьёди ҳоким дар миёни аблаҳон бештар мешунаванд.

18 Ҳикмат беҳ аз асбоби ҳарбу зарб; вале як хатокор некии бисьёрро нобуд мекунад.

10

БОБИ ДАҲУМ

Ҳикмат ва беандешагӣ дар касони бузург ва касони ночиз.

1 Магасҳои мурда равғани атторро бадбӯй ва фосид мекунанд; андак ҳамоқат аз ҳикмат ва ҷалол гаронтар аст.

2 Дили хирадманд ӯро ба тарафи рост моил мекунад, вале дили аблаҳ — ба тарафи чап.

3 Ва ҳамчунин, вақте ки аҳмақ роҳсипор мешавад, ақлаш камӣ мекунад, ва ӯ ба ҳар кас нишон медиҳад, ки ӯ аҳмақ аст.

4 Агар ғазаби ҳоким бар ту аланга занад, макони худро тарк накун, зеро ки нармӣ хатоҳои бузургро ором мекунад.

5 Бадие ҳаст, ки дар таҳти офтоб дидам, аз қабили саҳве ки аз ҷониби ҳоким содир мешавад.

6 Ҳамоқат ба мартабаҳои баланд мерасад, вале сарватдорон дар поён менишинанд.

7 Ғуломонро бар аспон дидам, ва миронро, ки мисли ғуломон бар замин пиёда мегаштанд.

8 Касе ки чоҳ меканад, дар он меафтад, ва касе ки тавораро рахна мекунад, мор ӯро мегазад.

9 Касе ки сангҳоро мекашонад, аз онҳо захмдор мешавад; касе ки ҳезум мекафонад, аз онҳо ба сари худ хатар меоварад.

10 Агар оҳан кунд шавад, ва дами онро тез накунанд, бештар зӯр задан лозим меояд; вале ҳикмат барои муваффақият судманд аст.

11 Агар мор пеш аз афсун газида бошад, афсунгар суд надорад.

12 Суханони даҳони хирадманд хуш аст, вале лабҳои аблаҳ худи ӯро фурӯ мебарад.

13 Ибтидои суханони даҳонаш ҳамоқат аст, ва интиҳои даҳонаш — ҷунуни сахт.

14 Ва аҳмақ бисьёр сухан мегӯяд; одамизод он чиро, ки рӯй хоҳад дод, намедонад, ва кист, ки ӯро аз он чи баъд аз ӯ рӯй хоҳад дод, хабардор кунад?

15 Меҳнати аблаҳ ӯро хаста мекунад, ва ӯ намедонад, ки бо кадом роҳ ба шаҳр мераванд.

16 Вой бар ҳоли ту, эй замин, вақте ки подшоҳи ту ҷавон аст, ва мирони ту тамоми шаб хӯрок мехӯранд!

17 Хушбахт ҳастӣ, эй замин, вақте ки подшоҳи ту аз авлоди наҷибон аст, ва мирони ту дар сари вақт хӯрок мехӯранд, чунон ки мардони олимақомро муносиб аст, ва на аз рӯи одати бадмастон!

18 Аз боиси коҳилӣ сақф фурӯ меравад, ва ҳангоме ки дастҳоро дар бағал зада нишинанд, боми хона чак‐чак мечакад.

19 Барои кайфу сафо базм мекунанд, ва шароб ҳаёташонро шод мегардонад, ва нуқра ҳар чизро барояшон муҳайё менамояд.

20 Ҳатто дар хаёли худ ба подшоҳ лаънат нагӯй, ва дар хонаи хоби худ ба сарватдор лаънат нахон, чунки мурғи ҳаво овозатро хоҳад бурд, ва болдор суханонатро хабар хоҳад дод.

11

БОБИ ЁЗДАҲУМ

Тухми худро бармаҳал бикор ва ғуссаро аз дил дур кун.

1 Нони худро ба об парто, чунки пас аз рӯзҳои бисьёр онро хоҳӣ ёфт.

2 Насибае ба ҳафт нафар ва низ ба ҳашт нафар бидеҳ, зеро намедонӣ, ки бар замин чӣ мусибате рӯй хоҳад дод.

3 Агар абрҳо аз борон пур шавад, онро бар замин меборонад; ва агар дарахте ба тарафи ҷануб ва ё ба тарафи шимол афтад, дар ҳамон ҷо, ки дарахт афтода бошад, хоҳад монд.

4 Касе ки ба бод нигоҳ мекунад, кишт нахоҳад кард, ва касе ки ба абрҳо назар медӯзад, дарав нахоҳад кард.

5 Чунон ки ту намедонӣ, ки роҳи бод чӣ гуна аст, ё ҷанин дар батни зани ҳомила чӣ гуна ба вуҷуд меояд, ончунон амали Худоро, ки Офаринандаи ҳама аст, наметавонӣ бидонӣ.

6 Субҳидам тухми худро бикор, ва то шом ба дасти худ осоиш надеҳ, зеро намедонӣ, ки кадоме аз онҳо, ин ё он, муваффақият хоҳад ёфт, ё ки ҳар дуи онҳо баробар некӯ хоҳанд буд?

7 Ва рӯшноӣ ширин аст, ва дидани офтоб барои чашмон хуш аст.

8 Пас, ҳар чанд одамизод солҳои бисьёр зиндагӣ кунад, бояд дар ҳамаи онҳо айшу тараб намояд, вале айёми торикиро, ки бисьёр хоҳад буд, дар хотир дошта бошад: ҳар он чи хоҳад омад, ҳеҷу пуч аст!

9 Эй ҷавон, дар наврасии худ айшу тараб намо, то ки дилат туро дар айёми ҷавонии ту шод гардонад; ва бо роҳҳои дили худ ва бо нигоҳи чашмони худ равона шав; вале бидон, ки барои ҳамаи ин туро Худо ба доварӣ хоҳад овард.

10 Ва ғуссаро аз дили худ берун намо, ва бадиро аз ҷисми худ дур андоз, зеро ки наврасӣ ва ҷавонӣ ҳеҷу пуч аст.

12

БОБИ ДУВОЗДАҲУМ

Муносибати оқилонаи инсони табиӣ нисбат ба Худо.

1 Ва Офаринандаи худро дар айёми ҷавонии худ дар хотир нигоҳ дор, пеш аз он ки айёми бадӣ биёяд, ва солҳое фаро расад, ки ту бигӯӣ: «Маро аз онҳо ҳаловате нест»;

2 Пеш аз он ки офтоб ва рӯшноӣ ва моҳ ва ситорагон торик шаванд, ва баъд аз борон абрҳо баргардад; —

3 Дар рӯзе ки посбонҳои хона биларзанд, ва соҳибони қувват хам шаванд; ва дастоскунандагон дигар ос накунанд, чунки кам мондаанд; ва онҳое ки аз паси панҷараҳо нигоҳ мекунанд, хира шаванд;

4 Ва дарҳои кӯча баста шавад, дар сурате ки садои осиё кам шунида шавад, ва аз овози гунҷишк кас бедор шавад, вале ҳамаи савтҳои суруд хомӯш гардад;

5 Аз баландӣ низ битарсанд ва дар роҳ хавотир кашанд; ва бодом шукуфта сафедпӯш шавад; ва малахе гаронӣ кунад; ва иштиҳо кӯр шавад. Ба ҳамин тариқ одамизод ба хонаи ҷовидонии худ меравад, ва дар кӯча навҳагарон гирд мегарданд;

6 Пеш аз он ки занҷири нуқра канда шавад, ва косаи тилло бишканад, ва кӯзаи сари чоҳ бикафад, ва чарх пора шуда дар чоҳ афтад;

7 Ва хок бар замин баргардад, ончунон ки буд; ва рӯҳ назди Худо, ки онро бахшида буд, баргардад.

8 «Ҳеҷу пуч аст, — гуфт Воиз, — ҳама чиз ҳеҷу пуч аст!»

9 Ба замми он ки Воиз хирадманд буд, боз донишро ба қавм омӯхт, ва тадқиқу тафтиш намуда, масалҳои зиёде тартиб дод.

10 Воиз саъй намуд, ки суханони дилписанд пайдо кунад, ва суханони ростиро ӯ аз самими қалб навишт.

11 Суханони хирадмандон мисли халачӯбҳост ва мисли мехҳоест, ки сахт кӯфта шуда бошад; муаллифони маҷмӯаҳо аз ҷониби як чӯпонанд.

12 Ва он чи зиёда аз инҳост, эй писарам, аз он эҳтиёт намо: сохтани китобҳои бисьёр интиҳо надорад, ва тааммуқи бисьёр азияти ҷисм аст.

Муносибати оқилонаи инсони тобеи шариат нисбат ба Худо.

13 Хулосаи суханон комилан фаҳмост: аз Худо битарс ва аҳкоми Ӯро риоя намо, чунки ҳама чиз барои одамизод аз ҳамин иборат аст;

14 Зеро ки ҳар амалро Худо ба доварӣ хоҳад овард, ҳар амали ниҳониро низ, хоҳ нек бошад, хоҳ бад.