КИТОБИ ПАНҶУМИ МУСО
ТАКРОРИ ШАРИАТ
1БОБИ ЯКУМ
Носипосии Исроил.
1 Ин аст суханоне ки Мусо дар он тарафи Урдун, дар биёбон, дар саҳро, дар рӯ ба рӯи Суф, дар миёни Форон ва Тӯфал ва Лобон ва Ҳасирӯт ва Дӣ‐Заҳаб ба тамоми Исроил гуфт.
2 Аз Ҳӯриб, бо роҳи кӯҳи Сеир, то Қодеш‐Барнеа сафари ёздаҳрӯза буд.
3 Ва чунин воқеъ шуд, ки дар соли чилум, дар моҳи ёздаҳум, дар рӯзи якуми моҳ, Мусо ба банӣ‐Исроил бар тибқи ҳар он чи Худованд ба ӯ дар бораи онҳо амр фармуда буд, сухан ронд.
4 Баъд аз он ки ӯ Сиҳӯн, подшоҳи амӯриёнро, ки дар Ҳешбӯн сукунат дошт, ва Ӯҷ, подшоҳи Бошонро, ки дар Ашторӯт, дар Эдрей сукунат дошт, торумор кард,
5 Дар он тарафи Урдун, дар замини Мӯоб, Мусо ба шарҳ додани ин шариат шурӯъ намуда, гуфт:
6 «Худованд Худои мо дар Ҳӯриб ба мо сухан ронда, гуфтааст: „Назди ин кӯҳ истодани шумо бас аст;
7 Рӯй ниҳода, кӯч кунед, ва ба кӯҳистони амӯриён ва ҳамаи ҳамсоягони онҳо, ки дар саҳро ва дар кӯҳсор ва дар пастӣ ва дар ҷануб ва дар соҳили баҳр, яъне дар Канъон ва Лубнон мебошанд, то наҳри бузург, ки наҳри Фурот аст, дохил шавед.
8 Инак, заминро ба шумо пешниҳод кардаам, пас дохил шуда, заминеро, ки Худованд ба падарони шумо, ба Иброҳим, Исҳоқ ва Яъқуб қасам хӯрдааст, ки ба онҳо ва ба наслашон баъд аз онҳо бидиҳад, тасарруф намоед“.
9 Ва ман дар он замон ба шумо сухан ронда, гуфтам: „Бори шуморо наметавонам ба танҳоӣ бардорам.
10 Худованд Худои шумо шуморо афзун кардааст, ва шумо имрӯз мисли ситорагони осмон сершумор ҳастед.
11 Худованд Худои падарони шумо бигзор шуморо ҳазор чандони он ки ҳастед, афзун намояд, ва шуморо баракат диҳад, чунон ки ба шумо гуфтааст.
12 Пас, чӣ гуна ман ба танҳоӣ ташвиши шумо ва бори шумо ва низои шуморо бардорам?
13 Шумо барои худ, дар сибтҳои худ, мардони ҳаким ва хирадманд ва номдорро интихоб кунед, то ки онҳоро бар шумо сардор таъин намоям“.
14 Ва шумо ба ман ҷавоб гардонда, гуфтед: „Хуб аст он чи ту гуфтӣ, ки бикунем“.
15 Ва ман сардорони сибтҳои шуморо, ки мардони ҳаким ва номдор буданд, гирифтам, ва онҳоро бар шумо таъин намудам, то ки мириҳазорҳо ва мирисадҳо ва мирипанҷоҳҳо ва миридаҳҳо ва нозирони сибтҳои шумо бошанд.
16 Ва ба доварони шумо дар он замон амр фармуда, гуфтам: „Арзу доди бародарони худро бишнавед, ва дар миёни ҳар кас ва бародари вай ва ғарибе ки назди вай бошад, аз рӯи адлу инсоф доварӣ намоед;
17 Дар доварӣ рӯбинӣ накунед, арзи хурдро мисли бузург бишнавед, аз ҳеҷ кас натарсед, зеро ки доварӣ аз они Худованд аст; ва даъвое ки барои шумо мушкил бошад, назди ман биёред, то ки онро бишнавам“.
18 Ва дар он вақт ман дар бораи ҳамаи корҳое ки бояд ба ҷо оваред, ба шумо амр фармудам.
19 Ва мо аз Ҳӯриб кӯч карда, тамоми ин биёбони бузург ва даҳшатангезро, ки шумо дидед, ба самти кӯҳистони амӯриён тай намудем, чунон ки Худованд Худои мо ба мо амр фармуда буд, ва ба Қодеш‐Барнеа расидем.
20 Ва ман ба шумо гуфтам: „Шумо ба кӯҳистони амӯриён, ки Худованд Худои мо ба мо медиҳад, расидаед.
21 Инак, Худованд Худои падарони ту ин заминро пеши ту ниҳодааст; баромада, онро тасарруф намо, чунон ки Худованд Худои падаронат ба ту гуфтааст; натарс ва ҳаросон нашав“.
22 Валекин ҳамаи шумо назди ман омада, гуфтед: „Мардонро пешопеши худ бифиристем, то ки заминро барои мо ҷосусӣ намоянд, ва моро аз роҳе ки бо он бояд биравем, ва аз шаҳрҳое ки ба онҳо дохил хоҳем шуд, хабардор кунанд“.
23 Ва ин сухан ба назари ман писанд омад, ва ман аз миёни шумо дувоздаҳ мардро, як нафар аз ҳар сибт, гирифтам.
24 Ва онҳо рӯй ниҳода, ба кӯҳсор баромаданд, ва ба водии Эшкӯл расида, онро ҷосусӣ карданд.
25 Ва аз меваҷоти он замин ба дасти худ гирифта, назди мо фурӯд оварданд, ва ба мо хабар расонида, гуфтанд: „Замине ки Худованд Худои мо ба мо медиҳад, замини хуб аст“.
26 Вале шумо нахостед биравед, ва ба фармони Худованд Худои худ муқобилат намудед.
27 Ва дар хаймаҳои худ шиква карда, гуфтед: „Азбаски Худованд ба мо адоват дошт, моро аз замини Миср берун овард, то ки моро ба дасти амӯриён супурда, несту нобуд кунад.
28 Мо куҷо метавонем биравем, дар сурате ки бародарони мо дили моро хиҷил карда, гуфтанд: он қавм аз мо бузургтар ва қадбаландтаранд, шаҳрҳои онҳо бузург аст, ва ҳисорҳои онҳо сар ба фалак кашидааст; ва банӣ‐Аноқро низ дар он ҷо дидем“.
29 Ва ман ба шумо гуфтам: „Аз онҳо натарсед ва ҳаросон нашавед;
30 Худованд Худои шумо, ки пешопеши шумо меравад, барои шумо ҷанг хоҳад кард, чунон ки бо шумо дар Миср пеши назари шумо амал кард;
31 Ва дар биёбон, чунон ки дидед, Худованд Худои шумо, мисли касе ки писари худро мебардорад, шуморо дар тамоми роҳе ки мерафтед, бардошта бурд, то даме ки ба ин ҷо расидед“.
32 Вале дар ин бобат шумо ба Худованд Худои худ имон надоштед,
33 Ки Ӯ дар роҳ пешопеши шумо мерафт, то ки маконе барои шумо аз баҳри ӯрду заданатон пайдо кунад, ба тавре ки шабона дар оташ мерафт, то роҳеро, ки бо он бояд биравед, ба шумо нишон диҳад, ва рӯзона дар абр мерафт.
34 Ва Худованд садои суханони шуморо шунида, дарғазаб шуд, ва қасам хӯрда, гуфт:
35 „Ҳеҷ кадоме аз ин одамон, аз ин насли шарир он замини некӯро, ки Ман қасам хӯрдаам ба падаронатон бидиҳам, нахоҳанд дид;
36 Фақат Колеб ибни Ефунне онро хоҳад дид: заминеро, ки ӯ тай кардааст, ба ӯ ва писаронаш хоҳам дод, чунки ӯ Худовандро комилан пайравӣ намуд“.
37 Бар ман низ Худованд аз боиси шумо дарғазаб шуда, гуфт: „Ту низ ба он ҷо дохил нахоҳӣ шуд;
38 Еҳушаъ ибни Нун, ки пеши ту истодааст, ба он ҷо дохил хоҳад шуд; ӯро тақвият намо, зеро ки ӯ онро барои тасарруфи Исроил тақсим хоҳад кард;
39 Ва кӯдакони шумо, ки дар бораи онҳо гуфтед: «Ба асирӣ бурда хоҳанд шуд», ва писарони шумо, ки имрӯз аз неку бад вуқуф надоранд, — онҳо ба он ҷо дохил хоҳанд шуд; ва онро ба онҳо хоҳам дод, то ки онро тасарруф намоянд;
40 Вале шумо рӯй нихода, бо роҳи баҳри Қулзум сӯи биёбон кӯч кунед“.
41 Ва шумо ҷавоб гардонда, ба ман гуфтед: „Мо ба ҳузури Худованд гуноҳ кардем; пас, мо баромада, ҷанг хоҳем кард, мувофиқи ҳар он чи Худованд Худои мо ба мо амр фармудааст“. Ва ҳар яке аслиҳаи ҷангии худро ба камар баста, азми кӯҳбароӣ намудед.
42 Ва Худованд ба ман гуфт: „Ба онҳо бигӯ: набароед ва ҷанг накунед, зеро ки Ман дар миёни шумо нестам, мабодо пеши душманони худ ба мағлубият дучор шавед“.
43 Ва ман ба шумо сухан рондам, вале шумо гӯш надодед, ва ба фармони Худованд муқобилат кардед, ва густохӣ намуда, бар кӯҳ баромадед.
44 Ва амӯриёне ки дар он кӯҳ сокин буданд, ба муқобили шумо берун омада, шуморо таъқиб карданд, чунон ки занбӯрҳои асал мекунанд; ва ба шумо аз Сеир то Ҳормо шикаст расониданд.
45 Ва шумо баргашта, ба ҳузури Худованд гирья кардед, вале Худованд овози шуморо нашнид ва ба шумо гӯш надод.
46 Ва шумо дар Қодеш айёми зиёде истодед, мисли айёме ки пеш аз он истода будед.
2БОБИ ДУЮМ
Оворагардӣ дар биёбон ва мамониатҳои гуногун.
1 Ва мо рӯй ниҳода, бо роҳи баҳри Қулзум сӯи биёбон кӯч кардем, чунон ки Худованд ба ман гуфта буд; ва кӯҳи Сеирро айёми зиёде давр задем.
2 Ва Худованд ба ман сухан ронда, гуфт:
3 „Ин кӯҳро давр задани шумо бас аст, ба тарафи шимол рӯй оваред.
4 Ва ту ба қавм амр фармуда, бигӯ: шумо бояд аз ҳудуди бародарони худ, банӣ‐Эсов, ки дар Сеир сокинанд, убур намоед, ва онҳо аз шумо хоҳанд тарсид; вале шумо бағоят эҳтиёт бошед.
5 Бо онҳо низоъ накунед, зеро ки аз замини онҳо ба андозаи як кафи пой ҳам ба шумо нахоҳам дод, чунки кӯҳи Сеирро ба тасарруфи Эсов додаам.
6 Хӯрокро аз онҳо ба нуқра харида, бихӯред, ва обро низ аз онҳо ба нуқра харида, бинӯшед.
7 Зеро ки Худованд Худоят туро дар тамоми амали дастат баракат додааст; дар ин биёбони бузург роҳ паймуданатро медонист — ин чил сол аст, ки Худованд Худоят бо туст, ва ту аз ҳеҷ чиз камӣ надоштӣ“.
8 Ва мо аз пеши бародарони худ, банӣ‐Эсов, ки дар Сеир сукунат доранд, қафо гашта, аз роҳи саҳро, аз Эйлат ва аз Эсьйӯн‐Ҷобар убур намудем, ва тоб хӯрда, аз роҳи биёбони Мӯоб гузаштем.
9 Ва Худованд ба ман гуфт: „Бо Мӯоб адоват нанамо ва ба зидди онҳо ҷанг накун, зеро ки аз замини онҳо чизе ба тасарруфи ту нахоҳам дод, чунки Орро ба тасарруфи банӣ‐Лут додаам.
10 Дар он ҷо пештар эмиён сукунат доштанд, ки қавми бузург ва сершумор ва мисли аноқиён қадбаланд буданд.
11 Онҳо низ мисли аноқиён аз рафоиён ҳисоб меёфтанд, вале мӯобиён онҳоро эмиён мехонданд.
12 Ва дар Сеир пештар ҳӯриён сукунат доштанд, ва банӣ‐Эсов онҳоро аз пеши худ бадар ронданд ва дар ҷои онҳо маскан гирифтанд, чунон ки Исроил дар замини мероси худ, ки Худованд ба онҳо дода буд, амал карданд.
13 Алҳол бархоста, аз наҳри Зорад убур намоед!“
14 Ва айёме ки аз Қодеш‐Барнеа роҳ паймудем, то даме ки аз наҳри Зорад убур кардем, сию ҳашт сол буд, яъне то вақте ки тамоми он мардуми ҷангӣ аз миёни ӯрду тамом шуданд, чунон ки Худованд ба онҳо қасам хӯрда буд.
15 Ва дасти Худованд низ бар онҳо буд, то ки онҳоро аз миёни ӯрду несту нобуд кунад, то вақте ки тамом шаванд.
16 Ва ҳангоме ки тамоми он мардуми ҷангӣ тамом шуда, аз миёни қавм мурданд,
17 Худованд ба ман сухан ронда, гуфт:
18 „Ту имрӯз аз пеши ҳудуди Мӯоб, аз пеши Ор убур менамоӣ,
19 Ва ба ҳудуди банӣ‐Аммӯн наздик мешавӣ; ба онҳо адоват нанамо ва бо онҳо ҷидол накун, зеро ки аз замини банӣ‐Аммӯн чизе ба тасарруфи ту нахоҳам дод, чунки онро ба тасарруфи банӣ‐Лут додаам“.
20 Он низ замини рафоим ҳисоб меёфт: дар он ҷо пештар рафоим сукунат доштанд, ва аммӯниён онҳоро замзуммиён мехонданд.
21 Онҳо қавми бузург ва сершумор ва мисли аноқиён қадбаланд буданд; ва Худованд онҳоро аз пешашон несту нобуд кард, ва онҳоро бадар ронда, дар ҷояшон маскан гирифтанд,
22 Чунон ки Ӯ барои банӣ‐Эсов, ки дар Сеир сукунат доранд, амал кард, яъне ҳӯриёнро аз пешашон несту нобуд кард, ва онҳоро бадар ронданд ва дар ҷояшон то имрӯз сукунат доранд.
23 Ва аввиёнро, ки дар деҳот то Ғазза сукунат доштанд, кафтӯриён, ки аз Кафтӯр берун омаданд, несту нобуд карда, дар ҷояшон маскан гирифтанд.
24 „Бархоста, кӯч кунед ва аз наҳри Арнӯн убур намоед! Инак, Сиҳӯн, подшоҳи Ҳешбӯнро, ки подшоҳи амӯриён аст, бо замини вай ба дасти ту месупорам; ба тасарруфи он шурӯъ намуда, ба зидди ӯ ҷанг кун.
25 Аз имрӯз эътиборан тарсу ваҳми туро дар миёни қавмҳои зери тамоми осмон паҳн мекунам, то ки онҳо овозаи туро шунида, дар изтироб афтанд ва пеши ту ба ларза оянд“.
26 Ва ман қосидонро аз биёбони Қадимӯт бо суханони сулҳҷӯёна назди Сиҳӯн, подшоҳи Ҳешбӯн, фиристодам, то ки бигӯянд:
27 „Изн бидеҳ, ки аз замини ту убур намоям; фақат бо шоҳроҳ хоҳам рафт, ба тарафи рост ё чап тоб нахоҳам хӯрд.
28 Хӯрокро ба нуқра ба ман бифрӯш, то ки бихӯрам, ва обро ба нуқра ба ман бидеҳ, то ки бинӯшам; фақат бо поҳои худ убур хоҳам кард, —
29 Чунон ки банӣ‐Эсов, ки дар Сеир сукунат доранд, ва мӯобиён, ки дар Ор сукунат доранд, бо ман рафтор карданд, — то даме ки аз Урдун ба замине ки Худованд Худои падарони мо ба мо медиҳад, убур намоям“.
30 Валекин Сиҳӯн, подшоҳи Ҳешбӯн, розӣ нашуд, ки барои гузаштани мо аз замини худ роҳ диҳад, зеро ки Худованд Худои ту рӯҳи варо бемурувват ва дили варо сахт гардонид, то ки варо ба дасти ту бисупорад, чунон ки имрӯз воқеъ шудааст.
31 Ва Худованд ба ман гуфт: „Инак, Ман ба он оғоз менамоям, ки Сиҳӯн ва замини варо ба дасти ту бисупорам; пас, ба тасарруф кардани замини вай шурӯъ намо“.
32 Ва Сихӯн бо тамоми қавми худ ба муқобили мо берун омад, то ки дар Ёҳас бо мо ҷанг кунад.
33 Ва Худованд Худои мо варо ба дасти мо супурд, ва мо варо бо писаронаш ва тамоми қавмаш торумор кардем.
34 Ва ҳамаи шаҳрҳои варо дар он вақт забт намудем, ва мардону занону кӯдакони ҳар шаҳрро несту нобуд кардем, ҳеҷ якеро зинда нагузоштем.
35 Фақат чорпоёнро бо ғанимати шаҳрҳое ки забт кардем, тороҷ намудем.
36 Аз Арӯэр, ки дар соҳили наҳри Арнӯн аст, ва шаҳре ки дар водӣ воқеъ аст, то Ҷилъод ҳеҷ шаҳри ҳисордоре набуд, ки аз мо зӯртар бошад; Худованд Худои мо ҳамаро ба дасти мо супурд.
37 Фақат ба замини банӣ‐Аммӯн: ба тамоми соҳили наҳри Яббӯқ ва шаҳрҳои кӯҳистон, ва ба ҳар ҷое ки Худованд Худои мо манъ карда буд, ту наздик нашудӣ.
3БОБИ СЕЮМ
Ғалаба бар Ӯҷ, подшоҳи Бошон.
1 Ва мо тоб хӯрда, ба роҳи Бошон баромадем; ва Ӯҷ, подшоҳи Бошон, бо тамоми қавми худ ба муқобили мо берун омад, то ки назди Эдрей ҷанг кунад.
2 Ва Худованд ба ман гуфт: „Аз вай натарс, зеро ки варо бо тамоми қавми вай ва замини вай ба дасти ту супурдам, ва ту бо вай ончунон амал хоҳӣ кард, чунон ки бо Сиҳӯн, подшоҳи амӯриён, ки дар Ҳешбӯн сукунат дошт, амал кардӣ“.
3 Ва Худованд Худои мо Ӯҷ, подшоҳи Бошонро низ бо тамоми қавми вай ба дасти мо супурд, ва мо варо торумор кардем, ба тавре ки аз ӯ ҳеҷ яке зинда намонд.
4 Ва ҳамаи шаҳрҳои варо дар он вақт забт намудем; ҳеҷ як шаҳри ҳисордоре набуд, ки аз дасти онҳо нагирифта бошем: шаст шаҳр, тамоми музофоти Арҷуб, ки ин мамлакати Ӯҷ дар Бошон буд.
5 Ҳамаи инҳо шаҳрҳои ҳисордор буда, деворҳои баланд, дарвозаҳо ва ғалақаҳо доштанд, ғайр аз шаҳрҳои беҳисор, ки бағоят бисьёр буданд.
6 Ва онҳоро несту нобуд кардем, чунон ки бо Сиҳӯн, подшоҳи Ҳешбӯн, амал карда будем: мардону занону кӯдакони ҳар шаҳрро несту нобуд кардем.
7 Вале ҳамаи чорпоён ва ғанимати он шаҳрҳоро барои худ тороҷ намудем.
8 Ва мо дар он вақт заминро аз дасти ду подшоҳи амӯриён, ки дар он тарафи Урдун буданд, аз наҳри Арнӯн то кӯҳи Ҳермӯн, —
9 Сидӯниён Ҳермӯнро Сирьйӯн мехонанд, ва амӯриён онро Сенир мехонанд, —
10 Ҳамаи шаҳрҳои даштрӯя ва тамоми Ҷилъод ва тамоми Бошонро то Салко ва Эдрей, ки шаҳрҳои мамлакати Ӯҷ дар Бошон буданд, гирифтем.
11 Зеро ки фақат Ӯҷ, подшоҳи Бошон, аз рафоиён боқӣ монда буд; инак, бистари марги ӯ, ки бистари оҳанин аст, дар Раббаи банӣ‐Аммӯн мебошад, ва бар ҳасби зирои одамӣ нӯҳ зироъ дарозӣ ва чор зироъ фароҳӣ дорад.
12 Ва ин заминро дар он вақт тасарруф намудем; Арӯэр, ки назди наҳри Арнӯн аст, ва нисфи кӯҳистони Ҷилъод ва шаҳрҳояшро ба реубениён ва ҷодиён додам;
13 Ва бақияи Ҷилъод ва тамоми Бошонро, ки мамлакати Ӯҷ буд, ба нисфи сибти Менашше додам, яъне тамоми музофоти Арҷубро бо тамоми он Бошон, ки замини рафоиён ном дошт.
14 Ёир ибни Менашше тамоми музофоти Арҷубро то ҳудуди ҷашуриён ва маъхотиён гирифт, ва онҳоро, яъне деҳоти Бошонро, ба номи худаш деҳоти Ёир ном ниҳод, ки то имрӯз чунин аст.
15 Ва ба Мокир Ҷилъодро додам.
16 Ва ба реубениён ва ҷодиён аз Ҷилъод то наҳри Арнӯн, яъне то миёнаи наҳр, ки сарҳад бошад, ва то наҳри Яббӯқ, ки сарҳади банӣ‐Аммӯн бошад, додам,
17 Ва саҳроро низ то Урдун, ки сарҳад бошад, аз Кинерет то баҳри саҳро, ки баҳри Намак бошад, дар домани Фисҷа ба тарафи шарқ.
18 Ва дар он вақт ба шумо амр фармуда, гуфтам: „Худованд Худои шумо ин заминро ба шумо додааст, то ки онро тасарруф намоед; пас, ҳамаи ҷасурон мусаллаҳ гардида, пешопеши бародарони худ, банӣ‐Исроил убур намоед;
19 Фақат занони шумо ва кӯдакони шумо ва чорвои шумо, — медонам, ки шумо чорвои зиёде доред, — дар шаҳрҳое ки ба шумо додаам, бимонанд,
20 То даме ки Худованд ба бародарони шумо, мисли шумо, оромӣ бибахшад, ва онҳо низ заминеро, ки Худованд Худои шумо ба онҳо дар он тарафи Урдун медиҳад, тасарруф намоянд, ва он гоҳ ҳар яке аз шумо ба мулки худ, ки ба шумо додаам, хоҳед баргашт“.
21 Ва ба Еҳушаъ дар он вақт амр фармуда, гуфтам: „Ҳар он чиро, ки Худованд Худои шумо ба ин ду подшоҳ кардааст, чашмони ту дид; пас, Худованд ба ҳамаи мамлакатҳое ки ту аз онҳо убур менамоӣ, чунин хоҳад кард.
22 Аз онҳо натарсед, зеро ки Худованд Худои шумо Худаш барои шумо ҷанг мекунад“.
23 Ва ман дар он вақт сӯи Худованд тазаррӯъ намуда, гуфтам:
24 „Худоё Худовандо! Ту ба нишон додани кибриёи Худ ва дасти қавии Худ ба бандаат шурӯъ намудаӣ, зеро кадом худост дар осмон ё дар замин, ки битавонад чизе мисли аъмол ва корнамоиҳои Ту ба амал оварад?
25 Лутфан, ба ман изн бидеҳ, ки убур намоям ва замини некӯро, ки дар он тарафи Урдун аст, ин кӯҳистони некӯ ва Лубнонро бубинам“.
26 Вале Худованд аз боиси шумо ба ман ғазаб намуда, маро иҷобат накард; ва Худованд ба ман гуфт: „Бас кун! Дар ин хусус дигар сухане ба Ман нагӯй.
27 Ба қуллаи Фисҷа баро ва чашмонатро ба ҷониби ғарб ва шимол ва ҷануб ва шарқ баланд кун, ва бо чашмонат бубин, зеро ки ту аз ин Урдун убур нахоҳӣ кард.
28 Ва ба Еҳушаъ амр фармуда, ӯро қавӣ ва далер гардон, зеро ки ӯ пешопеши ин қавм убур намуда, заминеро, ки ту хоҳӣ дид, барои тасарруфи онҳо тақсим хоҳад кард“.
29 Ва мо дар дара, рӯ ба рӯи Байт‐Фаӯр маскан гирифтем.
4БОБИ ЧОРУМ
Шариати Сино ба насли ҷавон пешниҳод карда шуд.
1 Ва алҳол, эй Исроил, фароиз ва аҳкомеро бишнавед, ки ба ҷо овардани онҳоро ман ба шумо таълим медиҳам, то ки шумо зинда монед, ва рафта, заминеро, ки Худованд Худои падаронатон ба шумо медиҳад, тасарруф намоед.
2 Ба он чи ман ба шумо амр мефармоям, чизе илова нанамоед, ва чизе аз он кам накунед, балки фақат аҳкоми Худованд Худои худро, ки ман ба шумо амр мефармоям, риоя намоед.
3 Он чиро, ки Худованд дар Баал‐Фаӯр кард, чашмони шумо дидааст: ҳар касеро, ки пайрави Баал‐Фаӯр буд, Худованд Худои шумо аз миёни шумо маҳв намуд.
4 Вале шумо, ки Худованд Худои худро пайравӣ намудед, ҳамаатон имрӯз зинда ҳастед.
5 Инак, чунон ки Худованд Худои ман ба ман амр фармудааст, фароиз ва аҳкомро ба шумо таълим додам, то ки шумо дар замине ки барои тасарруф кардани он ба он дохил мешавед, чунин амал намоед.
6 Пас, онҳоро риоя намуда, ба амал оваред, зеро ки ин ҳикмат ва хиради шумо пеши назари қавмҳост, ки онҳо тамоми ин фароизро шунида, хоҳанд гуфт: „Ба яқин, ин халқи бузург қавми ҳаким ва хирадманданд!“
7 Зеро кадом халқи бузурге ҳаст, ки худоён ба вай наздик бошанд, чунон ки Худованд Худои мост, дар ҳар вақте ки мо сӯи Ӯ мехонем?
8 Ва кадом халқи бузурге ҳаст, ки фароиз ва аҳкоми одилонае мисли тамоми ин шариат дошта бошад, ки онро ман имрӯз ба шумо пешниҳод мекунам?
9 Фақат эҳтиёт шав, ва ҷони худро бағоят эҳтиёт намо, мабодо чизҳоеро, ки чашмонат дидааст, фаромӯш кунӣ, ва мабодо онҳо дар тамоми айёми умри ту аз дилат дур шавад; ва дар бораи онҳо ба писаронат ва ба писарони писаронат маълумот бирасон, —
10 Дар бораи он рӯзе ки ту ба хузури Худованд Худои худ дар Хӯриб истода будӣ, ва Худованд ба ман гуфт: „Қавмро назди Ман ҷамъ кун, ва Ман суханонамро ба онҳо бишнавонам, то таълим гиранд, ки дар тамоми айёме ки онҳо дар рӯи замин зинда бошанд, бояд аз Ман битарсанд, ва писарони худро таълим диҳанд“.
11 Ва шумо наздик омада, зери кӯҳ истодед; ва кӯҳ то миёнаи осмон дар оташ месӯхт, дар сурате ки аз абр ва меғ ҳама ҷо торик буд.
12 Ва Худованд ба шумо аз миёни оташ сухан ронд; садои суханонро шумо шунидед, вале сурате надидед, фақат садо буд.
13 Ва Ӯ аҳди Худро ба шумо эълон намуда, ба амал овардани онро ба шумо амр фармуд, ки он аз даҳ аҳком иборат аст; ва онҳоро бар ду лавҳи сангин навишт.
14 Ва Худованд дар он вақт ба ман амр фармуд, ки он фароиз ва аҳкомро ба шумо таълим диҳам, то ки дар замине ки барои тасарруф кардани он ба он убур менамоед, онҳоро ба амал оваред.
15 Пас, ҷонҳои худро бағоят эҳтиёт кунед, зеро дар рӯзе ки Худованд ба шумо дар Хӯриб аз миёни оташ сухан ронд, ҳеҷ сурате надидед, —
16 Мабодо шумо фосид шуда, барои худ ҳайкале, сурати ҳар санаме: шакли марде ё зане бисозед,
17 Ё шакли ҳар чорпое ки дар рӯи замин аст, ё шакли ҳар парандаи болдоре ки зери осмон парвоз мекунад,
18 Ё шакли ҳар хазандае ки дар замин аст, ё шакли ҳар моҳие ки дар обҳои зери замин аст;
19 Ва мабодо чашмонатро сӯи осмон баланд кунӣ, ва офтоб ва моҳ ва ситорагонро, яъне тамоми лашкари осмонро дида, фирефта шавӣ ва ба онҳо саҷда бурда, онҳоро ибодат намоӣ, ва ҳол он ки онҳоро Худованд Худои ту насибаи ҳамаи қавмҳое ки зери тамоми осмонанд, гардонидааст, —
20 Валекин шуморо Худованд гирифта, аз кӯраи оҳанин, яъне аз Миср берун овард, то ки барои Ӯ қавми мерос бошед, чунон ки имрӯз ҳастед.
21 Ва Худованд аз боиси шумо ба ман ғазаб намуда, қасам хӯрд, ки ман аз Урдун убур накунам ва ба замини некӯе ки Худованд Худои ту ба ту барои тасарруф кардан медиҳад, дохил нашавам;
22 Зеро ки ман дар ин замин хоҳам мурд, аз Урдун убур нахоҳам кард, вале шумо убур намуда, он замини некӯро тасарруф хоҳед кард.
23 Пас, эҳтиёт шавед, мабодо аҳди Худованд Худои худро, ки бо шумо бастааст, фаромӯш карда, ҳайкале, сурати ҳар чизе барои худ бисозед, ки насохтани онро Худованд Худои ту ба ту амр фармудааст;
24 Зеро ки Худованд Худои ту оташи сӯзанда аст, Худои рашкнок аст.
25 Вақте ки шумо писарон ва писарони писаронро ба дуньё оварда, муддати зиёде дар ин замин сукунат намоед, ва фосид шуда, ҳайкале, сурати ҳар чизе бисозед, ва он чи дар назари Худованд Худои шумо бад аст, ба амал оваред, то ки Ӯро ба хашм оваред, —
26 Ман имрӯз бар шумо осмон ва заминро ба шоҳидӣ даъват менамоям, ки шумо аз замине ки барои тасарруф кардани он аз Урдун убур менамоед, ба зудӣ маҳв хоҳед шуд; айёми зиёде бар он иқомат нахоҳед кард, балки несту нобуд хоҳед шуд,
27 Ва Худованд шуморо дар миёни қавмҳо пароканда хоҳад кард, ва шумо дар миёни халқҳое ки Худованд шуморо ба он ҷо мебарад, камшумор хоҳед монд;
28 Ва дар он ҷо худоёнеро, ки бо дасти одамизод аз чӯб ва санг сохта шудаанд, ибодат хоҳед кард, ки онҳо намебинанд, ва намешунаванд, ва намехӯранд, ва бӯй намекунанд.
29 Ва чун аз он ҷо Худованд Худои худро ҷӯё шавӣ, Ӯро хоҳӣ ёфт, агар Ӯро бо тамоми дили худ ва бо тамоми ҷони худ биҷӯӣ.
30 Вақте ки ба тангӣ афтӣ, ва тамоми ин ҳодисот ба сарат ояд, дар охири айём, сӯи Худованд Худои худ баргашта, ба овози Ӯ гӯш хоҳӣ дод,
31 Зеро ки Худованд Худои ту Худои раҳим аст; Ӯ туро тарк нахоҳад кард ва туро ба ҳалокат нахоҳад расонид, ва аҳди падаронатро, ки ба онҳо қасам хӯрдааст, фаромӯш нахоҳад кард.
32 Зеро дар бораи айёми пешина, ки пеш аз ту мурур намудааст, аз рӯзе ки Худо одамро бар замин офарид, аз як канори осмон то канори дигари осмон, бипурс, ки оё мисли ин кори бузурге ба вукӯъ омадааст, ё мисли ин шунида шудааст?
33 Оё қавме овози Худоро, ки аз миёни оташ сухан ронда бошад, шунидааст, — ва зинда мондааст, — чунон ки ту шунидаӣ?
34 Оё худое кӯшидааст, ки омада, халқеро аз миёни халқе бо озмоишҳо, аломатҳо ва мӯъҷизаҳо, ва ҷанг ва дасти қавӣ ва бозуи тӯлонӣ ва даҳшатҳои азим барои худ бигирад, мисли ҳар он чи Худованд Худои шумо барои шумо дар Миср пеши назари шумо ба амал овард?
35 Ин чизҳо бар ту зоҳир шуд, то бидонӣ, ки Худованд Худост, ва ғайр аз Ӯ дигаре нест.
36 Аз осмон овози Худро ба ту шунавонид, то ки туро адаб омӯзад, ва бар замин оташи бузурги Худро ба ту нишон дод, ва сухани Ӯро ту аз миёни оташ шунидӣ.
37 Ва азбаски Ӯ падарони туро дӯст дошта, насли онҳоро баъд аз онҳо баргузид, Худаш туро бо кувваи бузурги Худ аз Миср берун овард,
38 То ки халқҳои аз ту бузургтар ва азимтарро аз пеши ту бадар ронад, ва туро дохил карда, замини онҳоро ба ту ҳамчун мулк бидиҳад, чунон ки имрӯз воқеъ шудааст.
39 Пас, имрӯз бидон ва дар дили худ ҷойгир кун, ки Худованд Худост дар осмон аз боло ва бар замин аз поён, ва дигаре нест.
40 Ва фароизу аҳкоми Ӯро, ки ман имрӯз ба ту амр мефармоям, риоя намо, то ки барои ту ва барои писаронат баъд аз ту некӯ бошад, ва ту дар замине ки Худованд Худоят ба ту ба сурати абадӣ медиҳад, умр гузаронӣ».
Дар бораи се шаҳри гурезгоҳ.
41 Он гоҳ Мусо се шаҳрро дар он тарафи Урдун, дар ҷониби шарқии офтоббаро ҷудо кард,
42 То қотиле ки ёри худро нодониста кушта бошад, дар сурате ки пештар бо вай адовате надошта бошад, ба он ҷо бигрезад, яъне ба яке аз ин шаҳрҳо гурехта, зинда бимонад:
43 Босар дар биёбон, дар кишвари даштрӯя, барои реубениён; ва Ромӯт дар Ҷилъод барои ҷодиён; ва Ҷӯлон дар Бошон барои менашшеиён.
44 Ва ин аст шариате ки Мусо ба банӣ‐Исроил пешниҳод кард;
45 Ин аст шаҳодот ва фароиз ва аҳкоме ки Мусо ба банӣ‐Исроил гуфт, вақте ки онҳо аз Миср берун омаданд,
46 Дар он тарафи Урдун, дар дараи рӯ ба рӯи Байт‐Фаӯр, дар замини Сиҳӯн, подшоҳи амӯриён, ки дар Ҳешбӯн сукунат дошт, ва Мусо ва банӣ‐Исроил, вақте ки аз Миср берун омаданд, варо торумор карданд,
47 Ва замини вай ва замини Ӯҷ, подшоҳи Бошонро, — ин ду подшоҳи амӯриёнро, ки дар он тарафи Урдун, дар ҷониби шарқии офтоббаро буданд, — тасарруф карданд,
48 Аз Арӯэр, ки дар соҳили наҳри Арнӯн аст, то кӯҳи Сион, ки Ҳермӯн бошад,
49 Ва тамоми саҳрои он тарафи Урдун, дар ҷониби шарқӣ, то баҳри биёбон, ки дар домани Фисҷа аст.
5БОБИ ПАНҶУМ
Такрори даҳ аҳком.
1 Ва Мусо тамоми Исроилро хонда, ба онҳо гуфт: «Эй Исроил, фароиз ва аҳкомеро, ки ман имрӯз ба самъи шумо мерасонам, бишнавед, ва онҳоро биомӯзед, ва саъю кӯшиш намоед, ки онҳоро ба ҷо оваред.
2 Худованд Худои мо бо мо дар Ҳӯриб аҳд баст.
3 На бо падарони мо Худованд ин аҳдро баст, балки бо мо, ки дар ин ҷо имрӯз ҳамаамон зинда ҳастем.
4 Худованд бо шумо дар кӯҳ рӯ ба рӯ, аз миёни оташ сухан ронд, —
5 Дар сурате ки ман дар он вақт дар миёни Худованд ва шумо истода будам, то ки каломи Худовандро ба шумо баён намоям, зеро ки шумо аз оташ тарсида, ба болои кӯҳ набаромадед, — ва гуфт:
6 „Ман Худованд Худои ту ҳастам, ки туро аз замини Миср, аз хонаи ғуломӣ берун овардам.
7 Туро худоёни дигар, ҷуз Ман, набояд бошад.
8 Санаме, ҳар сурате аз он чи дар осмон аз болост, ва аз он чи дар замин аз поён аст, ва аз он чи дар об аз зери замин аст, барои худ насоз.
9 Ба онҳо саҷда набар ва онҳоро ибодат накун; зеро ки Ман Худованд Худои ту ҳастам, Худои рашкноке ҳастам, ки барои гуноҳи падарон аз писарон, то насли сеюм ва чорум, аз онҳое ки аз Ман нафрат дошта бошанд, интиқом мегирам,
10 Ва то ҳазорон насл ба онҳое ки Маро дӯст медоранд ва аҳкоми Маро ба ҷо меоваранд, марҳамат мекунам.
11 Исми Худованд Худои худро беҳуда ба забон нагир, зеро ки Худованд касеро, ки исми Ӯро беҳуда ба забон мегирад, беҷазо нахоҳад гузошт.
12 Рӯзи шанберо нигоҳ дор, то ки онро тақдис намоӣ, чунон ки Худованд Худоят ба ту амр фармудааст.
13 Шаш рӯз кор кун ва ҳар амалатро ба ҷо овар;
14 Вале рӯзи ҳафтум шанбеи Худованд Худои туст; дар он ҳеҷ кор накун, — худат ва писарат, ва духтарат, ва ғуломат, ва канизат, ва говат ва харат, ва тамоми чорпоят, ва ғарибат, ки андаруни шаҳри туст, то ки ғуломат ва канизат мисли ту ором гиранд.
15 Ва дар хотир нигоҳ дор, ки ту дар замини Миср ғулом будӣ, ва туро Худованд Худои ту аз он ҷо бо дасти қавӣ ва бозуи тӯлонӣ берун овард; бинобар ин Худованд Худоят ба ту амр фармудааст, ки рӯзи шанберо ба ҷо оварӣ.
16 Падари худ ва модари худро иззат намо, чунон ки Худованд Худоят ба ту амр фармудааст, то ки умри ту дароз шавад, ва дар замине ки Худованд Худоят ба ту медиҳад, барои ту некӯ бошад.
17 Қатл накун.
18 Зино накун.
19 Дуздӣ накун.
20 Дар ҳаққи ёри худ шаҳодати дурӯғ надеҳ.
21 Зани ёри худро тамаъ накун, ва хонаи ёрат, киштзораш ва ғуломаш ва канизаш, говаш ва хараш, ва ҳар чизеро, ки аз они ёрат бошад, тамаъ накун“.
22 Ин суханонро Худованд ба тамоми ҷамоати шумо дар кӯҳ аз миёни оташ, абр ва меғ бо овози баланд гуфт ва чизе илова нанамуд; ва онҳоро бар ду лавҳи сангин навишта, ба ман дод.
23 Ва ҳангоме ки шумо он овозро аз миёни торикӣ шунидед, дар сурате ки кӯҳ дар оташ месӯхт, шумо, яъне ҳамаи сардорони сибтҳои шумо ва пирони шумо, ба ман наздик омадед,
24 Ва гуфтед: „Инак, Худованд Худои мо ҷалол ва кибриёи Худро ба мо нишон дод, ва овози Ӯро мо аз миёни оташ шунидем; имрӯз мо дидем, ки Худо ба одам сухан меронад, — ва вай зинда мондааст.
25 Вале алҳол чаро бимирем? Зеро ки ин оташи бузург моро хоҳад сӯзонид: агар мо боз овози Худованд Худои худро бишнавем, хоҳем мурд.
26 Зеро кист аз тамоми башар, ки овози Худои Ҳайро, ки аз миёни оташ сухан рондааст, мисли мо бишнавад, — ва зинда бимонад?
27 Ту наздик шуда, ҳар он чи Худованд Худои мо бигӯяд, бишнав, ва ту ҳар он чиро, ки Худованд Худои мо ба ту бигӯяд, ба мо баён намо, ва мо шунида, ба амал хоҳем овард“.
28 Ва Худованд суханони шуморо, ки ба ман гуфтед, шунид, ва Худованд ба ман гуфт: „Суханони ин қавмро, ки ба ту гуфтанд, шунидам; ҳар он чи онҳо гуфтанд, дуруст аст.
29 Кошки дили онҳо чунин мебуд, ки аз Ман тарсида, тамоми аҳкоми Маро тамоми айём риоя мекарданд, то ки барои онҳо ва барои писарони онҳо ба сурати абадӣ некӯ бошад!
30 Рафта, ба онҳо бигӯ: ба хаймаҳои худ баргардед.
31 Ва ту дар ин ҷо назди Ман бимон, ва Ман тамоми аҳком ва фароиз ва дастуротро, ки бояд ба онҳо таълим диҳӣ, ба ту хоҳам гуфт, то ки онҳо дар замине ки Ман барои тасарруф кардан ба онҳо медиҳам, ба амал оваранд“.
32 Пас, саъю кӯшиш намуда, ончунон ки Худованд Худои шумо ба шумо амр фармудааст, ба амал оваред, ба тарафи рост ё чап майл накунед;
33 Бо тамоми роҳе ки Худованд Худои шумо ба шумо амр фармудааст, равона шавед, то ки зинда бимонед, ва барои шумо некӯ бошад, ва умри шумо дар замине ки тасарруф менамоед, дароз шавад.
6БОБИ ШАШУМ
Шарҳи аҳком.
1 Ва ин аст аҳком, фароиз ва дастуроте ки Худованд Худои шумо амр фармуд, ки ба шумо таълим диҳам, то онҳоро дар замине ки барои тасарруф кардани он ба он ҷо убур менамоед, ба амал оваред,
2 То ки аз Худованд Худои худ тарсида, тамоми фароиз ва аҳкоми Ӯро, ки ман ба ту амр мефармоям, риоя намоӣ, — ту ва писарат ва писари писарат, дар тамоми айёми умрат, то ки айёми ту дароз шавад.
3 Пас, эй Исроил, бишнав ва саъю кӯшиш намо, ки онҳоро ба амал оварӣ, то ки барои ту некӯ бошад, ва шумо бисьёр афзун шавед дар замине ки шир ва асал дар он ҷорист, чунон ки Худованд Худои падаронат ба ту гуфтааст.
Аҳкоми бузург.
4 Бишнав, эй Исроил! Худованд Худои мо Худои ягона аст.
5 Ва ту Худованд Худои худро бо тамоми дили худ, ва бо тамоми ҷони худ, ва бо тамоми қуввати худ дӯст бидор.
Огоҳиҳо.
6 Ва ин суханон, ки ман имрӯз ба ту амр мефармоям, бигзор бар дили ту бошад,
7 Ва онҳоро ба писаронат талқин бикун, ва ҳангоми нишастанат дар хонаи худ, ва ҳангоми роҳ рафтанат, хобиданат ва бархостанат дар бораи онҳо гуфтугӯ намо,
8 Ва онҳоро ҳамчун аломат бар дасти худ бибанд, ва онҳо ҳамчун нишона дар миёни чашмонат бошад,
9 Ва онҳоро бар паҳлудариҳои хонаи худ ва бар дарвозаҳои худ бинавис.
10 Ва ҳангоме ки Худованд Худоят туро ба замине дароварад, ки ба падаронат — ба Иброҳим, Исҳоқ ва Яъқуб — қасам хӯрдааст, ки онро ба ту бидиҳад, бо шаҳрҳои бузург ва хубе ки ту бино накардаӣ,
11 Ва бо хонаҳои пур аз ҳар неъмат, ки ту пур накардаӣ, ва бо ҳавзҳои дар санг кандашуда, ки ту накандаӣ, ва бо токҳо ва дарахтони зайтун, ки ту нашинондаӣ, ва ту аз меваи онҳо хӯрда сер хоҳӣ шуд, —
12 Он гоҳ эҳтиёт бош, мабодо Худовандро, ки туро аз замини Миср, аз хонаи ғуломӣ берун овард, фаромӯш кунӣ.
13 Аз Худованд Худои худ битарс, ва Ӯро ибодат намо, ва ба исми Ӯ қасам бихӯр.
14 Худоёни дигарро аз худоёни қавмҳое ки дар гирду пеши шумо мебошанд, пайравӣ накунед;
15 Зеро Худованд Худои ту, ки дар миёни туст, Худои рашкнок аст; мабодо ғазаби Худованд Худоят бар ту аланга занад, ва Ӯ туро аз рӯи замин маҳв кунад.
16 Худованд Худои худро наозмоед, чунон ки дар Массо озмудед.
17 Аҳкоми Худованд Худои худро, ва шаҳодот ва фароизи Ӯро, ки ба шумо амр фармудааст, боэҳтиёт риоя намоед.
18 Ва он чи дар назари Худованд дуруст ва некӯст, ба амал овар, то ки барои ту некӯ бошад, ва ту омада, он замини некӯро, ки Худованд дар бораи он ба падаронат қасам хӯрдааст, тасарруф намоӣ,
19 Ва ҳамаи душманонат аз пеши ту ба зудӣ бадар ронда шаванд, чунон ки Худованд гуфтааст.
20 Ва ҳангоме ки писарат дар оянда аз ту пурсида, гӯяд: „Он шаҳодот ва фароиз ва аҳкоме ки Худованд Худои мо ба шумо амр фармудааст, чӣ маъно дорад?“ —
21 Пас, ба писарат бигӯ: „Мо дар Миср ғуломони фиръавн будем, ва Худованд моро аз Миср бо дасти қавӣ берун овард.
22 Ва Худованд аломот ва мӯъҷизоти азим ва мӯҳлик бар Миср, бар фиръавн ва тамоми аҳли байти вай, дар пеши назари мо зоҳир сохт.
23 Ва моро аз он ҷо берун овард, то ки моро оварда, заминеро, ки дар бораи он ба падарони мо қасам хӯрдааст, ба мо бидиҳад.
24 Ва Худованд ба мо амр фармуд, ки тамоми ин фароизро ба амал оварда, аз Худованд Худои худ битарсем, то ки тамоми айём барои мо некӯ бошад, ва Ӯ моро зинда нигоҳ дорад, чунон ки имрӯз воқеъ шудааст.
25 Ва ин барои мо адолат ҳисоб хоҳад ёфт, агар саъю кӯшиш намоем, ки тамоми ин аҳкомро ба ҳузури Худованд Худои худ ба амал оварем, чунон ки Ӯ ба мо амр фармудааст“.
7БОБИ ҲАФТУМ
Манъ кардани дӯстӣ бо бутпарастон.
1 Ҳангоме ки Худованд Худоят туро ба замине ки барои тасарруф кардани он ба он ҷо меравӣ, дароварад, ва халқҳои бисьёрро, яъне ҳиттиён, ва ҷирҷошиён, ва амӯриён, ва канъониён, ва фариззиён, ва ҳиввиён, ва ябусиёнро, ки ҳафт халқи аз ту сершумортар ва пурзӯртаранд, аз пеши ту бадар ронад,
2 Ва онҳоро Худованд Худоят ба дасти ту бисупорад, ва ту онҳоро зарба занӣ, — он гоҳ онҳоро тамоман торумор намо, бо онҳо аҳд набанд, ва ба онҳо раҳм накун,
3 Ва бо онҳо қудову анда нашав: духтаратро ба писари онҳо надеҳ, ва духтари онҳоро барои писарат нагир;
4 Зеро ки онҳо писаратро аз Ман дур хоҳанд кард, то ки худоёни дигарро ибодат намояд, — ва он гоҳ ғазаби Худованд бар шумо аланга зада, шуморо ба зудӣ маҳв хоҳад кард;
5 Балки ба онҳо чунин амал намо: қурбонгоҳҳои онҳоро хароб кунед, ва сутунҳои онҳоро бишканед, ва Ашераҳои онҳоро бурида партоед, ва санамҳои онҳоро дар оташ бисӯзонед;
6 Зеро ки ту барои Худованд Худои худ қавми муқаддас ҳастӣ; Худованд Худоят туро баргузидааст, то аз миёни ҳамаи қавмҳое ки дар рӯи замин ҳастанд, қавми хуҷистае барои Ӯ бошӣ.
7 На аз он сабаб Худованд ба шумо дил бастааст ва шуморо баргузидааст, ки шумо аз ҳамаи қавмҳо сершумортар бошед, — зеро ки шумо аз ҳамаи қавмҳо камшумортар будед, —
8 Балки аз он сабаб ки Худованд шуморо дӯст медошт, ва аз он сабаб ки мехост қасамеро, ки ба падарони шумо хӯрда буд, риоя намояд, Худованд шуморо бо дасти қавӣ берун овард, ва туро аз хонаи ғуломӣ, аз дасти фиръавн, подшоҳи Миср, раҳо кард.
9 Пас бидон, ки Худованд Худои ту Худост, Худои амин аст, ки аҳд ва марҳамати Худро ба онҳое ки Ӯро дӯст медоранд ва аҳкомашро риоя менамоянд, то ҳазор насл нигоҳ медорад,
10 Ва онҳоеро, ки ба Ӯ адоват доранд, шахсан сазо дода, ба ҳалокат мерасонад, ба додани мукофоти касе ки ба Ӯ адоват дорад, даранг намекунад: сазои варо шахсан медиҳад.
11 Пас, аҳком ва фароиз ва дастуротеро, ки ба амал овардани онҳоро имрӯз ба ту амр мефармоям, риоя намо.
Ваъдаи ғалаба.
12 Ва агар ба ин дастурот гӯш андозед, ва онҳоро риоя намуда, ба амал оваред, Худованд Худои ту аҳд ва марҳаматеро, ки дар бораи он ба падаронат қасам хӯрдааст, барои ту нигоҳ хоҳад дошт.
13 Ва туро дӯст дошта, баракат хоҳад дод ва афзун хоҳад кард, ва меваи батни ту ва ҳосили замини туро, ғаллаи ту ва шираи ангури ту ва равғани зайтуни туро, зоиши говони ту ва афзоиши гӯсфандони туро бар замине ки дар бораи он ба падаронат қасам хӯрдааст, ки ба ту бидиҳад, баракат хоҳад дод.
14 Ту бештар аз ҳамаи қавмҳо бобаракот хоҳӣ буд; дар миёни шумо ва дар миёни чорвои шумо нар ё модаи бенасл нахоҳад буд.
15 Ва Худованд ҳар бемориро аз ту дур хоҳад кард; ва ҳеҷ яке аз дардҳои сахти Мисрро, ки ту медонӣ, ба сари ту нахоҳад овард, балки ба сари ҳамаи бадхоҳони ту хоҳад овард.
16 Ва ту ҳамаи қавмҳоеро, ки Худованд ба дастат месупорад, несту нобуд хоҳӣ кард; бигзор чашми ту ба онҳо раҳм накунад; ва худоёни онҳоро ибодат нанамо, зеро ки ин барои ту дом аст.
17 Мабодо дар дили худ бигӯӣ: „Ин халқҳо аз ман сершумортаранд; чӣ гуна ман метавонам онҳоро бадар ронам?“
18 Аз онҳо натарс! Он чиро, ки Худованд Худои ту ба фиръавн ва ба тамоми Миср кард, нағз дар хотир нигоҳ дор,
19 Яъне озмоишҳои бузургро, ки чашмонат дидааст, ва аломот ва мӯъҷизот ва дасти қавӣ ва бозуи тӯлониро, ки Худованд Худои ту ба воситаи онҳо туро берун овард; Худованд Худои ту ба ҳамаи қавмҳое ки ту аз онҳо метарсӣ, чунин хоҳад кард.
20 Ва занбӯри алоро низ Худованд Худои ту бар онҳо хоҳад фиристод, то ки боқимондагон ва пинҳоншудагони онҳо аз пеши ту маҳв шаванд.
21 Аз онҳо ҳаросон нашав, зеро Худованд Худои ту, ки дар миёни туст, Худои бузург ва саҳмгин аст.
22 Ва Худованд Худои ту ин қавмҳоро аз пеши ту камкам бадар хоҳад ронд; ту онҳоро наметавонӣ ба зудӣ маҳв намоӣ, мабодо даррандагони саҳро бар ту афзун шаванд.
23 Ва Худованд Худои ту онҳоро ба дасти ту хоҳад супурд, ва онҳоро ба изтироби азиме хоҳад афканд, ба тавре ки несту нобуд хоҳанд шуд;
24 Ва подшоҳони онҳоро ба дасти ту хоҳад супурд, ва ту номи онҳоро аз зери осмон нест хоҳӣ кард: касе пеши ту истодагӣ нахоҳад кард, то даме ки онҳоро маҳв намоӣ.
25 Ҳайкалҳои худоёни онҳоро дар оташ бисӯзонед; нуқра ва тиллоеро, ки бар онҳост, тамаъ накун, то ки барои худ бигирӣ, мабодо ба доми он гирифтор шавӣ; зеро ки он барои Худованд Худои ту зишт аст.
26 Ва чизи зиштро ба хонаи худ дохил накун, то ки мисли он ба ҳалокат нарасӣ; аз он нафрат намо ва худро аз он канор гир, зеро ки он сазовори ҳалокат аст.
8БОБИ ҲАШТУМ
Огоҳиҳо. Худованд ба сипосгузорӣ даъват менамояд.
1 Тамоми аҳкомеро, ки ман имрӯз ба шумо амр мефармоям, саъю кӯшиш намуда ба амал оваред, то ки зинда монда, афзун шавед, ва омада, заминеро, ки Худованд дар бораи он ба падаронатон қасам хӯрдааст, тасарруф намоед.
2 Ва дар хотир нигоҳ дор тамоми роҳеро, ки Худованд Худои ту ин чил сол туро бо он дар биёбон бурд, то ки туро азият дода, биозмояд, ва он чиро, ки дар дили туст, бидонад, ки оё аҳкоми Ӯро риоят хоҳӣ кард ё не?
3 Ва Ӯ туро азият дод, ва туро гурусна мононид, ва туро манн хӯронид, — ки на ту онро медонистӣ ва на падаронат медонистанд, — то ба ту бифаҳмонад, ки одамизод на танҳо бо нон зиндагӣ мекунад, балки бо ҳар калимае ки аз даҳони Худованд барояд, одамизод зиндагӣ мекунад.
4 Дар давоми ин чил сол либоси ту бар танат ҷиғдаҷиғда нашуд, ва пои ту наомосид.
5 Пас, андар дили худ дарк намо, ки чунон ки падар писари худро таъдиб мекунад, Худованд Худои ту ончунон туро таъдиб кард.
6 Пас, ту аҳкоми Худованд Худои худро риоят бикун, то ки бо роҳҳои Ӯ равона шавӣ ва аз Ӯ битарсӣ.
7 Зеро ки Худованд Худоят туро ба замини некӯ мебарад, ба замини пур аз наҳрҳои об, чашмаҳо ва ҷӯйҳо, ки дар водиҳо ва кӯҳҳо ҷорӣ мешаванд;
8 Ба замини пур аз гандум ва ҷав, ва ангур ва анҷир ва анор, ба замини пур аз равғани зайтун ва асал;
9 Ба замине ки дар он ба танқисӣ нон нахоҳӣ хӯрд, ва дар он ба ҳеҷ чиз мӯҳтоҷ нахоҳӣ буд; ба замине ки сангҳояш оҳан аст, ва аз кӯҳҳояш мис хоҳӣ канд.
10 Ва ҳангоме ки хӯрда сер шавӣ, Худованд Худои худро барои замини некӯе ки ба ту додааст, муборак бихон.
11 Эҳтиёт бош, мабодо Худои худро фаромӯш карда, аҳком ва дастурот ва фароизи Ӯро, ки ман имрӯз ба ту амр мефармоям, риоят нанамоӣ;
12 Мабодо хӯрда сер шавӣ, ва хонаҳои некӯ бино карда, дар онҳо сокин шавӣ,
13 Ва говон ва гӯсфандони ту афзун шавад, ва нуқра ва тиллои ту зиёд шавад, ва ҳар дороии ту зиёд шавад,
14 Ва дили ту мағрур шуда, Худованд Худои худро фаромӯш кунӣ, ки Ӯ туро аз замини Миср, аз хонаи ғуломӣ берун овард,
15 Ва туро аз биёбони бузург ва саҳмгини пур аз мор, аждаҳо ва каждум, аз ҷойҳои хушки беоб гузаронид, ва барои ту аз санги хоро об баровард,
16 Ва туро дар биёбон манн хӯронид, — ки падаронат онро намедонистанд, — то ки туро азият дода, биозмояд, ва оқибат бар ту марҳамат намояд, —
17 Ва дар он сурат ту дар дили худ бигӯӣ: „Қувватам ва қудрати дастам ин сарватро барои ман пайдо кардааст“,
18 Ва ҳол он ки ту бояд Худованд Худои худро дар хотир нигоҳ дорӣ, ки Ӯ ба ту қуввати пайдо кардани сарватро медиҳад, то аҳдеро, ки дар бораи он ба падаронат қасам хӯрдааст, ба ҷо оварад, чунон ки имрӯз воқеъ шудааст.
19 Валекин агар ту Худованд Худои худро фаромӯш кунӣ, ва пайрави худоёни дигар гардида, онҳоро ибодат намоӣ ва ба онҳо саҷда барӣ, — имрӯз ба шумо шаҳодат медиҳам, ки албатта несту нобуд хоҳед шуд.
20 Мисли халқҳое ки Худованд онҳоро аз пеши шумо маҳв мекунад, шумо низ маҳв хоҳед шуд, аз боиси он ки ба овози Худованд гӯш наандохтаед.
9БОБИ НӮҲУМ
Худованд ва фурӯтанӣ даъват менамояд.
1 Бишнав, эй Исроил! Ту имрӯз аз Урдун убур мекунӣ, то ки омада, халқҳоеро, ки аз ту бузургтар ва пурзӯртаранд, шаҳрҳои бузургро, ки ҳисорҳояш сар ба фалак кашидааст, тасарруф намоӣ,
2 Яъне қавми бузург ва қадбаланд, банӣ‐Аноқро, ки дар бораи онҳо ту медонӣ ва шунидаӣ, ки гуфтаанд: „Кист, ки пеши банӣ‐Аноқ битавонад истодагӣ намояд?“
3 Пас, имрӯз бидон, ки Худованд Худои ту пешопеши ту мисли оташи сӯзанда убур менамояд; Ӯ онҳоро несту нобуд хоҳад кард, ва Ӯ онҳоро пеши ту мағлуб хоҳад сохт, ва ту онҳоро ба зудӣ бадар ронда, маҳв хоҳӣ кард, чунон ки Худованд ба ту гуфтааст.
4 Ҳангоме ки Худованд Худои ту онҳоро аз пеши ту бадар ронад, ту дар дили худ нагӯй, ки „ба сабаби адолати ман Худованд маро овард, то ки ин заминро тасарруф намоям“, ва ҳол он ки аз боиси шарорати он халқҳо Худованд онҳоро аз пеши ту бадар меронад.
5 На аз боиси адолати худ ва ростии дили худ ту меравӣ, то ки замини онҳоро тасарруф намоӣ, балки ба сабаби шарорати ин халқҳо Худованд Худои ту онҳоро аз пеши ту бадар меронад, то қавлеро, ки Худованд ба падаронат — ба Иброҳим, Исҳоқ ва Яъқуб — дода қасам хӯрдааст, ба ҷо оварад.
6 Пас, бидон, ки на аз боиси адолати ту Худованд Худои ту ин замини некӯро ба ту медиҳад, то ки онро тасарруф намоӣ, зеро ки ту қавми гарданкаш ҳастӣ.
7 Дар хотир нигоҳ дор ва фаромӯш накун, ки чӣ гуна. ту Худованд Худои худро дар биёбон ба хашм овардӣ: аз рӯзе ки шумо аз замини Миср берун омадед, то даме ки ба ин макон расидед, шумо ба Худованд муқобилат кардед.
8 Ва назди Хӯриб шумо Худовандро ба хашм овардед, ва Худованд ба шумо ғазаб намуда, мехост шуморо несту нобуд кунад:
9 Ҳангоме ки ман ба кӯҳ баромадам, то ки алвоҳи санг, яъне алвоҳи аҳдеро, ки Худованд бо шумо баста буд, бигирам, ва дар кӯҳ чил рӯз ва чил шаб истода, нон нахӯрдам ва об нанӯшидам;
10 Ва Худованд ду лавҳи сангро, ки бо ангушти Худо навишта шуда буд, ба ман дод, ва бар онҳо ҳамаи суханоне буд, ки Худованд дар кӯҳ, аз миёни оташ, дар рӯзи ҷамъомад ба шумо гуфта буд;
11 Ва чунин воқеъ шуд, ки дар анҷоми чил рӯз ва чил шаб Худованд ду лавҳи санг, яъне алвоҳи аҳдро ба ман дод;
12 Ва Худованд ба ман гуфт: „Бархоста, зуд аз ин ҷо фурӯд ой, зеро қавми ту, ки онҳоро аз Миср берун овардӣ, фосид шудаанд; аз роҳе ки ба онҳо амр фармудам, зуд дур шуда, бути рехтае барои худ сохтаанд“.
13 Ва Худованд ба ман сухан ронда, гуфт: „Ин қавмро Ман дидам, ва инак, онҳо қавми гарданкаш ҳастанд;
14 Маро бигзор, то ки онҳоро несту нобуд карда, номашонро аз зери осмон маҳв намоям, ва туро халқе гардонам, ки аз онҳо пурзӯртар ва сершумортар бошад“.
15 Ва ман тоб хӯрда, аз кӯҳ фурӯд омадам, дар сурате ки кӯҳ дар оташ месӯхт, ва ду лавҳи аҳд дар ду дастам буд.
16 Ва дидам, ки инак, шумо пеши Худованд Худои худ гуноҳкор гардидаед: гӯсолаи рехтае барои худ сохта, аз роҳе ки Худованд ба шумо амр фармуда буд, зуд дур шудаед.
17 Ва ман ду лавҳро гирифтам, ва онҳоро аз ду дасти худ партофта, пеши назари шумо шикастам.
18 Ва ба ҳузури Худованд мисли аввала бар рӯи худ афтодам: чил рӯз ва чил шаб нон нахӯрдам ва об нанӯшидам, аз боиси ҳамаи гуноҳҳое ки шумо карда, он чи дар назари Худованд бад аст, ба амал овардед, то ки Ӯро ба хашм оваред.
19 Зеро ки ман аз хашм ва ғазаби Худованд, ки бар шумо аланга зада буд, то ки шуморо маҳв созад, тарсидам; ва Худованд ҳамин дафъа ҳам маро иҷобат намуд.
20 Ва Худованд бар Ҳорун бағоят ғазаб намуда буд, то ки ӯро маҳв созад, вале ман барои Ҳорун низ он вақт дуо гуфтам.
21 Ва гуноҳи шумо, яъне гӯсоларо ки сохта будед, ман гирифтам, ва онро дар оташ сӯзонидам, ва онро пора‐пора карда, дурустакак соидам, то ба дараҷае ки мисли ғубор гард‐гард шуд, ва ғубори онро ба наҳре ки аз кӯҳ ҷорӣ буд, партофтам.
22 Ва дар Табъира, Массо ва Қибрӯт‐Ҳатааво шумо Худовандро ба хашм овардед.
23 Ва ҳангоме ки Худованд шуморо аз Қодеш‐Барнеа фиристода, гуфт: „Рафта, заминеро, ки ба шумо медиҳам, тасарруф намоед“, — шумо ба амри Худованд Худои худ муқобилат кардед, ва ба Ӯ имон наовардед, ва ба овози Ӯ гӯш наандохтед.
24 Аз рӯзе ки ман шуморо шинохтаам, шумо ба Худованд беитоатӣ мекардед,
25 Ва ман ба ҳузури Худованд бар рӯи худ афтодам дар он чил рӯз ва чил шаб, ки афтода будам, зеро ки Худованд мехост шуморо маҳв созад.
26 Ва сӯи Худованд дуо хонда, гуфтам: „Худоё Худовандо! Қавми Худ ва мероси Худро, ки бо кибриёи Худ раҳо кардаӣ ва бо дасти қавӣ аз Миср берун овардаӣ, ба ҳалокат нарасон.
27 Бандагони Худ — Иброҳим, Исҳоқ ва Яъқубро ба ёд овар! Ба гарданкашии ин қавм, ба шарорат ва гуноҳи онҳо назар накун;
28 Мабодо сокинони замине ки моро аз он ҷо берун овардӣ, бигӯянд: азбаски Худованд натавонист онҳоро ба замине ки ба онҳо ваъда дода буд, дохил кунад, ва азбаски Ӯ аз онҳо нафрат дошт, бинобар ин онҳоро берун овард, то ки дар биёбон онҳоро ба ҳалокат расонад.
29 Ва ҳол он ки онҳо қавми Ту ва мероси Ту ҳастанд, ки онҳоро бо куввати бузурги Худ ва бо бозуи тӯлонии Худ берун овардаӣ“.
10БОБИ ДАҲУМ
Худованд махтунии дилро талаб мекунад.
1 Дар он вақт Худованд ба ман гуфт: „Ду лавҳи санг мисли аввала барои худ битарош, ва назди Ман ба кӯҳ баро, ва сандуқе аз чӯб барои худ бисоз;
2 Ва Ман бар ин алвоҳ суханонеро, ки бар алвоҳи аввалаи шикастаи ту буд, хоҳам навишт, ва ту онҳоро дар сандуқ бимон“.
3 Ва ман сандуқе аз чӯби ақоқиё сохтам, ва ду лавҳи санг мисли аввала тарошидам, ва ба кӯҳ баромадам, ва он ду лавҳ дар дастам буд.
4 Ва Ӯ бар алвоҳ мисли китобати аввала даҳ аҳкомеро, ки Худованд ба шумо дар кӯҳ, аз миёни оташ, дар рӯзи ҷамъомад гуфта буд, навишт, ва Худованд онҳоро ба ман дод,
5 Ва ман тоб хӯрда, аз кӯҳ фурӯд омадам, ва алвоҳро дар сандуқе ки сохта будам, гузоштам; ва онҳо дар он ҷо мебошад, чунон ки Худованд ба ман амр фармуда буд.
6 Ва банӣ‐Исроил аз Беэрӯт‐Банӣ‐Яъқон ба Мӯсера кӯч карданд; дар он ҷо Ҳорун мурд ва дар он ҷо дафн карда шуд, ва писараш Элъозор ба ҷои ӯ саркоҳин гардид.
7 Аз он ҷо ба Ҷудҷӯд кӯч карданд, ва аз Ҷудҷӯд — ба Ётвот, ки заминест пур аз чашмаҳои об.
8 Дар он вақт Худованд сибти Левиро ҷудо кард, то ки сандуқи аҳди Худовандро бардоранд, ба ҳузури Худованд истода, хизмати Ӯро ба ҷо оваранд ва ба исми Ӯ баракат диҳанд, ки то имрӯз чунин аст.
9 Бинобар ин Левӣ дар миёни бародарони худ ҳисса ва меросе надорад: Худованд Худаш мероси вай аст, чунон ки Худованд Худои ту ба вай гуфтааст.
10 Ва ман дар кӯҳ, мисли айёми аввала, чил рӯз ва чил шаб истодам, ва Худованд ин дафъа низ маро иҷобат намуд, ва Худованд нахост туро ба ҳалокат расонад.
11 Ва Худованд ба ман гуфт: „Бархоста, пешопеши қавм равона шав; бигзор онҳо рафта, заминеро, ки дар бораи он ба падаронашон қасам хӯрдаам, ки ба онҳо бидиҳам, тасарруф намоянд“.
12 Ва алҳол, эй Исроил, Худованд Худоят аз ту чӣ талаб дорад? Талабаш фақат ин аст, ки аз Худованд Худои худ битарсӣ, бо ҳамаи роҳҳои Ӯ равона шавӣ, ва Ӯро дӯст бидорӣ, ва Худованд Худои худро бо тамоми дили худ ва бо тамоми ҷони худ ибодат намоӣ,
13 Ва аҳкоми Худованд ва фароизи Ӯро, ки ман имрӯз ба ту, барои манфиати ту амр мефармоям, риоят кунӣ.
14 Инак, осмон ва фалакулафлок аз они Худованд Худои туст, ва замин ва ҳар он чи дар он аст!
15 Аммо фақат ба падарони ту Худованд таваҷҷӯҳ намуда, онҳоро дӯст дошт, ва насли онҳо, яъне шуморо баъд аз онҳо аз ҳамаи қавмҳо баргузид, чунон ки имрӯз воқеъ шудааст.
16 Пас, шумо ғилофаки дили худро махтун созед, ва минбаъд гарданкашӣ накунед.
17 Зеро ки Худованд Худои шумо Худои худоён ва Худованди худовандон аст, Худои бузург, ҷаббор ва саҳмгин аст, ки рӯбинӣ намекунад, ва ришва намегирад;
18 Ба ятим ва бева додрасӣ менамояд, ва ғарибро дӯст дошта, ба вай хӯрок ва пӯшок медиҳад.
19 Пас, ғарибро дӯст бидор, зеро ки шумо дар замини Миср ғариб будед.
20 Аз Худованд Худои худ битарс, Ӯро ибодат намо ва ба Ӯ бичасп, ва ба исми Ӯ қасам бихӯр.
21 Ӯ ифтихори туст ва Ӯ Худои туст, ки барои ту ин корҳои бузург ва аҷоибро, ки чашмонат дидааст, ба ҷо овард.
22 Падарони ту бо ҳафтод нафар ба Миср омада буданд, ва алҳол Худованд Худоят туро мисли ситорагони осмон сершумор гардонидааст.
11БОБИ ЁЗДАҲУМ
Таваҷҷӯҳ ба итоатгарон. Лаънат ба беитоатон.
1 Пас, Худованд Худои худро дӯст бидор, ва фармони Ӯ ва фароизи Ӯ ва дастуроти Ӯ ва аҳкоми Ӯро тамоми айём риоят намо.
2 Ва имрӯз бидонед, — зеро ки на бо писарони шумо сухан меронам, ки таъдиби Худованд Худои шуморо надонистаанд ва надидаанд, яъне кибриёи Ӯ ва дасти қавии Ӯ ва бозуи тӯлонии Ӯро,
3 Ва аломот ва аъмоли Ӯро, ки андаруни Миср ба фиръавн, подшоҳи Миср, ва ба тамоми замини вай зоҳир сохт;
4 Ва он чиро, ки Ӯ ба лашкари мисриён, ба аспҳо ва аробаҳои онҳо кард, яъне обҳои баҳри Қулзумро бар онҳо ҷорӣ намуд, вақте ки шуморо таъқиб мекарданд, ва Худованд онҳоро то имрӯз ба ҳалокат расонид;
5 Ва он чиро, ки Ӯ дар биёбон барои шумо ба амал овард, то даме ки ба ин макон расидед;
6 Ва он чиро, ки Ӯ бо Дотон ва Абиром, писарони Элиоб ибни Реубен кард, яъне замин даҳони худро кушода, онҳо ва аҳли байти онҳо ва хаймаҳои онҳо ва тамоми дороии онҳоро, ки наздашон буд, дар миёни тамоми Исроил фурӯ бурд, —
7 Балки бо шумо сухан меронам, ки чашмонатон тамоми аъмоли бузурги Худовандро, ки карда буд, дидааст.
8 Пас, тамоми аҳкомеро, ки ман имрӯз ба шумо амр мефармоям, риоя намоед, то ки қавӣ шавед, ва рафта, заминеро, ки барои тасарруф кардани он ба он ҷо убур менамоед, тасарруф кунед,
9 Ва дар он замин, ки Худованд ба падаронатон қасам хӯрда буд, ки онро ба онҳо ва ба насли онҳо бидиҳад, — замине ки шир ва асал дар он ҷорист, — шумо умри дароз дошта бошед.
10 Зеро замине ки ту барои тасарруф кардани он ба он ҷо меравӣ, ба замини Миср, ки аз он ҷо берун омадӣ, монанд нест, ки тухмии худро кошта, онро мисли полиз бо пои худ об медодӣ;
11 Вале замине ки шумо барои тасарруф кардани он ба он ҷо убур менамоед, замини кӯҳҳо ва водиҳост, ки аз боришҳои осмон об мехӯрад;
12 Заминест, ки Худованд Худои ту ба он ғамхорӣ менамояд, чашмони Худованд Худои ту ҳамеша, аз аввали сол то охири сол бар он аст.
13 Ва чунин воқеъ хоҳад шуд, ки агар ба аҳкоми Ман, ки имрӯз Ман ба шумо амр мефармоям, гӯш андозед, то ки Худованд Худои худро дӯст бидоред ва бо тамоми дили худ ва бо тамоми ҷони худ Ӯро ибодат намоед,
14 Дар он сурат борони замини шуморо, борони аввалин ва охиринро дар сари вақт хоҳам дод, ва ту ғаллаи худ ва шираи ангури худ ва равғани зайтуни худро ҷамъ хоҳӣ кард.
15 Ва дар саҳрои ту барои чорвоят алаф хоҳам дод, ва ту хӯрда, сер хоҳӣ шуд.
16 Эҳтиёт бошед, мабодо дилатон фирефта шавад, ва шумо гумроҳ гардида, худоёни дигарро ибодат намоед ва ба онҳо саҷда баред;
17 Ва хашми Худованд бар шумо аланга занад, ва Ӯ осмонро бандад, ва борон наборад, ва замин ҳосили худро надиҳад, ва шумо аз замини некӯе ки Худованд ба шумо медиҳад, ба зудӣ маҳв шавед.
18 Пас, ин суханони Маро дар дили худ ва дар ҷони худ ҷо диҳед, ва онҳоро ҳамчун аломат бар дасти худ бибандед, ва онҳо ҳамчун нишона дар миёни чашмони шумо бошад.
19 Ва онҳоро ба писарони худ таълим диҳед, ва ҳангоми нишастанатон дар хонаи худ, ва ҳангоми роҳ рафтанатон, хобиданатон ва бархостанатон дар бораи онҳо гуфтугӯ намоед.
20 Ва онҳоро бар паҳлудариҳои хонаи худ ва бар дарвозаҳои худ бинависед,
21 То ки айёми шумо ва айёми писарони шумо дар замине ки Худованд дар бораи он ба падаронатон қасам хӯрда буд, ки ба онҳо бидиҳад, ончунон афзун шавад, чунон ки айёми осмон бар болои замин аст.
22 Зеро, агар тамоми ин аҳкомро, ки ба ҷо оварданашро ман ба шумо амр мефармоям, дуруст риоя намоед, то ки Худованд Худои худро дӯст бидоред, бо роҳҳои Ӯ равона шавед ва ба Ӯ бичаспед,
23 Дар он сурат Худованд ҳамаи ин халқҳоро аз пеши шумо бадар хоҳад ронд, ва шумо халқҳоеро, ки аз шумо бузургтар ва пурзӯртаранд, мағлуб хоҳед кард.
24 Ҳар ҷое ки кафи пои шумо бар он гузошта шавад, аз они шумо хоҳад буд; аз биёбон ва Лубнон, аз наҳр, яъне наҳри Фурот, то баҳри ғарбӣ ҳудуди шумо хоҳад буд.
25 Ҳеҷ кас пеши шумо ёрои истодагӣ нахоҳад дошт: тарсу воҳимаи шуморо Худованд Худои шумо дар рӯи тамоми замине ки дар он қадамгузор шавед, паҳн хоҳад кард, чунон ки Ӯ ба шумо гуфтааст.
26 Инак, ман имрӯз ба шумо баракат ва лаънатро пешниҳод мекунам:
27 Баракатро — агар шумо ба аҳкоми Худованд Худои худ, ки ман имрӯз ба шумо амр мефармоям, гӯш андозед;
28 Вале лаънатро — агар шумо ба аҳкоми Худованд Худои худ гӯш накунед, ва аз роҳе ки ман имрӯз ба шумо амр мефармоям, дур шуда, худоёни дигарро, ки намешиносед, пайравӣ намоед.
29 Ва ҳангоме ки Худованд Худоят туро ба замине ки барои тасарруф кардани он меравӣ, дохил намояд, ту баракатро бар кӯҳи Ҷаризим ба забон хоҳӣ ронд, ва лаънатро бар кӯҳи Эбол.
30 Ин кӯҳҳо, охир, дар он тарафи Урдун воқеъ аст, аз қафои роҳи ғуруби офтоб, дар замини канъониёне ки дар саҳро сокинанд, дар рӯ ба рӯи Ҷилҷол, назди булутзори Мӯре.
31 Зеро ки шумо аз Урдун убур мекунед, то ки рафта, заминеро, ки Худованд Худои шумо ба шумо медиҳад, тасарруф намоед, ва шумо онро тасарруф намуда, дар он сукунат хоҳед кард.
32 Пас, тамоми фароиз ва дастуротеро, ки ман имрӯз ба шумо пешниҳод менамоям, риоя кунед.
12БОБИ ДУВОЗДАҲУМ
Дар бораи худопарастии ҳақиқӣ; барҳам додани бутпарастӣ.
1 Ин аст фароиз ва дастуроте ки шумо бояд риоя намуда, дар замине ки Худованд Худои падаронатон барои тасарруф кардани шумо додааст, ба амал оваред, дар тамоми айёме ки шумо дар он замин зиндагӣ хоҳед кард.
2 Ҳамаи маконҳоеро, ки халқҳое ки шумо бадар меронед, дар он ҷо худоёни худро ибодат мекарданд, тамоман несту нобуд кунед, хоҳ бар кӯҳҳои баланд бошад, хоҳ бар талҳо, хоҳ зери ҳар дарахти сабз.
3 Қурбонгоҳҳои онҳоро бишканед, ва сутунҳои онҳоро пора‐пора кунед, ва Ашераҳои онҳоро дар оташ бисӯзонед, ва ҳайкалҳои худоёни онҳоро нест кунед, ва номҳои онҳоро аз он макон маҳв созед.
4 Барои Худованд Худои худ чунин амал накунед,
5 Балки ба маконе ки Худованд Худои шумо аз ҳамаи сибтҳои шумо баргузинад, то ки исми Худро дар он ҷо сокин гардонад, яъне ба маскани Ӯ рӯй оваред, ва ба он ҷо биёед,
6 Ва курбониҳои сӯхтанӣ ва забҳҳои худ, ва ушрҳои худ, ва ҳадияҳои афроштании дастҳои худ, ва назрҳои худ, ва хайроти худ, ва нахустзодаҳои говон ва гӯсфандони худро ба он ҷо биёред.
7 Ва дар он ҷо ба ҳузури Худованд Худои худ бихӯред, ва худатон ва аҳли байтатон барои ҳар шуғли дасти худ, ки Худованд Худои шумо дар он шуморо баракат додааст, хурсандӣ кунед.
8 Ҳар он чиро, ки мо имрӯз дар ин ҷо мекунем, яъне ҳар он чи ба назари ҳар кас дуруст намояд, накунед.
9 Зеро ки то алҳол ба оромӣ ва ба мулке ки Худованд Худои шумо ба шумо медиҳад, нарасидаед.
10 Вале ҳангоме ки аз Урдун убур намуда, дар замине ки Худованд Худои шумо ба шумо ҳамчун мулк медиҳад, сокин шавед, ва Ӯ шуморо аз ҳамаи душманонатон аз гирду пеш оромӣ диҳад, ва шумо дар амният зиндагӣ кунед, —
11 Он гоҳ кадом маконе ки Худованд Худои шумо баргузинад, то ки исми Худро дар он сокин гардонад, ба он ҷо ҳар он чиро, ки ман ба шумо амр фармоям, биёред, яъне қурбониҳои сӯхтанӣ ва забҳҳои худ, ушрҳо ва ҳадияҳои афроштании дастҳои худ, ва ҳар гузини назрҳои худро, ки барои Худованд назр намоед;
12 Ва ба ҳузури Худованд Худои худ хурсандӣ кунед, — худатон ва писаронатон ва духтаронатон, ва ғуломатон ва канизатон, ва левизодагоне ки дар шаҳри шумо бошанд, зеро ки онҳо бо шумо ҳиссае ва мулке надоранд.
13 Эҳтиёт бош, ки курбониҳои сӯхтании худро дар ҳар маконе ки мебинӣ, тақдим накунӣ;
14 Балки фақат дар маконе ки Худованд дар яке аз сибтҳои ту баргузинад, курбониҳои сӯхтании худро тақдим намо, ва ҳар он чи ман ба ту амр фармоям, дар он ҷо ба амал овар.
15 Аммо гӯштро, мувофиқи тамоми ҳаваси дили худ, бар ҳасби баракате ки Худованд Худоят ба ту бидиҳад, дар ҳамаи шаҳрҳои худ забҳ намуда, бихӯр; шахсони наҷис ва пок метавонанд аз он бихӯранд, чунон ки аз гӯшти ғизол ва оҳу мехӯранд.
16 Лекин хунро нахӯред; онро мисли об бар замин бирезед.
17 Ту наметавонӣ дар шаҳрҳои худ ушри ғалла ва шираи ангур ва равғани зайтуни худро, ва нахустзодаҳои говон ва гӯсфандони худро, ва ҳар назреро, ки назр карда бошӣ, ва хайроти худ ва ҳадияҳои афроштании дастҳои худро бихӯрӣ;
18 Балки онҳоро ба ҳузури Худованд Худои худ дар маконе ки Худованд Худои ту баргузинад, бихӯр, — худат ва писарат ва духтарат, ва ғуломат ва канизат, ва левизодагоне ки дар шаҳрҳои ту бошанд; ва ба ҳузури Худованд Худои худ барои ҳар шуғли дасти худ хурсандӣ намо.
19 Эҳтиёт бош, ки левизодагонро дар тамоми айёми худ, ки дар замини худ бошӣ, тарк накунӣ.
20 Ҳангоме ки Худованд Худоят ҳудуди туро, чунон ки ба ту гуфтааст, васеъ кунад, ва ту бигӯӣ: „Гӯшт хоҳам хӯрд“, зеро ки дили ту ҳаваси гӯшт хӯрдан дорад, — пас, мувофиқи тамоми ҳаваси дили худ гӯшт бихӯр.
21 Агар маконе ки Худованд Худои ту барои сокин гардонидани исми Худ баргузинад, аз ту дур бошад, ту аз говон ва гӯсфандони худ, ки Худованд ба ту бидиҳад, чунон ки ба ту амр фармудаам, забҳ намуда, дар шаҳрҳои худ мувофиқи тамоми ҳаваси дили худ бихӯр.
22 Аммо, чунон ки гӯшти ғизол ва оҳуро мехӯранд, ончунон аз он бихӯр; шахсони наҷис ва пок метавонанд аз он бихӯранд.
23 Фақат эҳтиёт бош, ки хунро нахӯрӣ, зеро ки хун ҷон аст, ва ту ҷонро бо гӯшт нахӯр.
24 Онро нахӯр: онро мисли об бар замин бирез.
25 Онро нахӯр, то ки барои ту ва баъд аз ту барои писаронат некӯ бошад, вақте ки ту он чиро, ки дар назари Худованд дуруст аст, ба амал оварӣ.
26 Фақат қурбониҳои муқаддаси худро, ки дошта бошӣ, ва назрҳои худро бардошта, ба маконе ки Худованд баргузинад, биё.
27 Ва қурбониҳои сӯхтании худро, яъне гӯшт ва хуни онҳоро, бар қурбонгоҳи Худованд Худои худ тақдим намо; ва хуни забҳҳои худро бар қурбонгоҳи Худованд Худои худ бирез, ва гӯшти онҳоро бихӯр.
28 Ҳамаи ин суханонро, ки ман ба ту амр мефармоям, шунида риоя намо, то ки барои ту ва баъд аз ту барои писаронат то абад некӯ бошад, вақте ки ту он чиро, ки дар назари Худованд Худои ту некӯ ва дуруст аст, ба амал оварӣ.
29 Ҳангоме ки Худованд Худои ту халқҳоеро, ки барои забт кардани онҳо ба он ҷо меравӣ, аз пеши ту маҳв намояд, ва ту онҳоро бадар ронда, дар замини онҳо сокин шавӣ, —
30 Эҳтиёт бош, ки баъд аз он ки онҳо аз пеши ту маҳв шуда бошанд, онҳоро пайравӣ намуда, ба дом наафтӣ, ва ҷӯёи худоёни онҳо шуда, нагӯӣ: „Чӣ гунае ки ин халқҳо худоёни худро ибодат мекарданд, ман низ чунин амал хоҳам кард“.
31 Бо Худованд Худои худ чунин амал накун! Зеро ки ҳар он чи дар назари Худованд зишт аст, ва аз он Ӯ нафрат дорад, онҳо бо худоёни худ мекарданд; онҳо ҳатто писарон ва духтарони худро барои худоёни худ дар оташ месӯзониданд.
32 Ҳар он чи ман ба шумо амр мефармоям, саъю кӯшиш намуда онро ба амал оваред; чизе бар он илова нанамоед ва чизе аз он кам накунед.
13БОБИ СЕЗДАҲУМ
Имтиҳони анбиёи козиб ва ҷазои онҳо.
1 Агар дар миёни шумо набие ё бинандаи хобҳо пайдо шуда, аломате ё мӯъҷизае ба ту нишон диҳад,
2 Ва он аломат ё мӯъҷиза, ки дар бораи он ба ту сухан ронда буд, ба амал ояд, ва ӯ бигӯяд: „Биё, то худоёни дигарро, ки намешинохтӣ, пайравӣ намоем, ва онҳоро ибодат кунем“, —
3 Ту ба суханони он набӣ ё он бинандаи хобҳо гӯш надеҳ, зеро ки Худованд Худои шумо шуморо имтиҳон мекунад, то бидонад, ки оё Худованд Худои худро бо тамоми дили худ ва бо тамоми ҷони худ дӯст медоред?
4 Худованд Худои худро пайравӣ кунед, ва аз Ӯ битарсед, ва аҳкоми Ӯро риоя намоед, ва ба овози Ӯ гӯш диҳед, ва Ӯро ибодат кунед, ва ба Ӯ бичаспед.
5 Ва он набӣ ё он бинандаи хобҳо бояд ба қатл расонида шавад, зеро ки вай дар бораи Худованд Худои ту, ки туро аз замини Миср берун овард, ва туро аз хонаи ғуломӣ раҳо кард, суханони фитнаангез гуфтааст, то туро аз роҳе ки Худованд Худоят ба ту амр фармуд, ки бо он равона шавӣ, гумроҳ созад; ва шароратро аз миёни худ барҳам хоҳӣ дод.
6 Агар бародарат, ки писари модарат бошад, ё писарат, ё духтарат, ё завҷаи ҳамоғӯшат, ё дӯсти ҷоният туро пинҳонӣ иғво намуда, гӯяд: „Биё, то худоёни дигарро, ки ту ва падаронат намешинохтед, ибодат кунем“,
7 Аз миёни худоёни қавмҳое ки дар гирду пеши шумо мебошанд, хоҳ ба ту наздик, хоҳ аз ту дур бошанд, аз як канори замин то канори дигари он, —
8 Ту ба сухани вай розӣ нашав ва ба вай гӯш надеҳ, ва бигзор чашми ту ба вай раҳм накунад, ва ту ба вай шафқат намуда, варо пинҳон накун,
9 Балки ҳатман варо ба қатл бирасон; бигзор аввал дасти ту барои қатли вай дароз карда шавад, ва баъд дасти тамоми қавм.
10 Варо сангсор кун, то ки бимирад, зеро ки вай мехост туро аз Худованд Худоят, ки туро аз замини Миср, аз хонаи ғуломӣ берун овард, дур созад.
11 Ва тамоми Исроил инро шунида, хоҳанд тарсид, ва минбаъд чунин шароратро дар миёни шумо ба амал нахоҳанд овард.
12 Агар бишнавӣ, ки дар яке аз шаҳрҳоят, ки Худованд Худои ту барои сукунат ба ту медиҳад,
13 Шахсони нобакоре аз миёни ту пайдо шудаанд, ва сокинони шаҳри худро ба васваса андохта, гуфтаанд: „Биравем ва худоёни дигарро, ки намешинохтед, ибодат кунем“,
14 Ту дурустакак ҷустуҷӯ ва тафтиш ва пурсиш намо, ва инак, агар ин ҳодиса рост ва аниқ барояд, яъне дар миёни ту ин амали зишт рӯй дода бошад, —
15 Сокинони он шаҳрро бо дами шамшер сахт зарба бизан; онро бо ҳар чизе ки дар он аст, ва чорпоёнашро бо дами шамшер несту нобуд бикун.
16 Ва тамоми ғанимати онро андаруни майдони он ҷамъ кун, ва шаҳрро бо тамоми ғаниматаш ба исми Худованд Худои худ дар оташ комилан бисӯзон; ва он то абад харобазор хоҳад монд, бори дигар бино нахоҳад ёфт.
17 Ва аз он чи несту нобуд карда мешавад, чизе ба дастат начаспад, то ки Худованд оташи хашми Худро хомӯш карда, ба ту марҳамат намояд, ва ба ҳоли ту раҳмаш омада, туро афзун гардонад, чунон ки ба падаронат қасам хӯрдааст,
18 Агар ту овози Худованд Худои худро гӯш карда, тамоми аҳкоми Ӯро, ки ман имрӯз ба ту амр мефармоям, риоя намоӣ, яъне он чи дар назари Худованд Худои ту дуруст аст, ба амал оварӣ.
14БОБИ ЧОРДАҲУМ
Манъ кардани урфу одатҳои бутпарастон оид ба мурдагон.
1 Шумо писарони Худованд Худои худ ҳастед; барои мурдагон бадани худро харош накунед, ва мӯйҳои пешонии худро, ки аз болои чашмон аст, натарошед.
2 Зеро ки ту барои Худованд Худои худ қавми муқаддас ҳастӣ, ва Худованд туро баргузидааст, то аз ҳамаи қавмҳое ки дар рӯи замин мебошанд, қавми гузине барои Ӯ бошӣ.
Дастурот дар бораи хӯрок.
3 Ҳеҷ чизи зиштро нахӯр.
4 Ин аст ҳайвоноте ки метавонед бихӯред: гов, гӯсфанд ва буз,
5 Оҳу ва ғизол ва гавазн, ва бузи кӯҳӣ ва зубр, ва қутос ва говмеш.
6 Ва ҳар чорпои сумдор, ки қӯшсум бошад, ва хӯрокашро кавша кунад, — онро бихӯред.
7 Аммо инҳоро аз кавшакунандагон ва сумдорон нахӯред: шутур ва харгӯш ва заргӯшро, зеро ки онҳо кавшакунандаанд, валекин сумашон қӯшсум нест, — онҳо барои шумо наҷисанд;
8 Ва хукро, зеро ки он сумдор аст, валекин кавша намекунад, — он барои шумо наҷис аст; аз гӯнти онҳо нахӯред, ва ба лошаи онҳо нарасед.
9 Аз ҳар чи дар об аст, инҳоро метавонед бихӯред: ҳар он чи пар ва пулакча дорад, — метавонед бихӯред;
10 Ва ҳар он чи пар ва пулакча надорад, нахӯред, — он барои шумо наҷис аст.
11 Аз ҳар парандаи пок бихӯред.
12 Вале аз инҳо набояд бихӯред: уқоб, ва каргас, ва бургут,
13 Ва калхот, ва шоҳин, ва боз бо зоти он;
14 Ва ҳар зоғ бо зоти он;
15 Ва шутурмурғ, ва бум, ва моҳихӯрак, ва қарчиғай бо зоти он;
16 Чуғз, ва ибис, ва қу,
17 Ва мурғи саққо, ва лошахӯр, ва бақлон;
18 Ва лаклак, ва куланг бо зоти он, ва ҳудҳуд, ва кӯршабпарак.
19 Ва ҳар ҳашароти болдор барои шумо наҷис аст, набояд онҳо хӯрда шавад.
20 Аз ҳар парандаи пок бихӯред.
21 Ҳеҷ лошаро нахӯред; ба ғарибе ки дар шаҳри туст, бидеҳ, то ки бихӯрад, ё ба аҷнабие бифрӯш; зеро ки ту барои Худованд Худои худ қавми муқаддас ҳастӣ. Бузғоларо дар шири модари он напаз.
22 Аз тамоми ҳосилоти тухмии худ, ки сол ба сол аз киштзор мерӯяд, ушр бидеҳ.
23 Ва ба ҳузури Худованд Худои худ дар маконе ки Ӯ баргузинад, то ки исми Худро дар он ҷо сокин гардонад, ушри ғалла, шираи ангур ва равғани зайтуни худ, ва нахустзодаҳои говон ва гӯсфандони худро бихӯр, то таълим гирӣ, ки аз Худованд Худои худ тамоми айём бояд битарсӣ.
24 Вале агар роҳ барои ту дур бошад, ба тавре ки натавонӣ онро бардошта барӣ, яъне агар маконе ки Худованд Худои ту баргузинад, то исми Худро дар он ҷо сокин гардонад, аз ту дур бошад, ва Худованд Худоят туро баракат дода бошад, —
25 Пас, онро ба нуқра иваз намо, ва нуқраро ба дасти худ гирифта, ба маконе ки Худованд Худои ту баргузинад, бирав;
26 Ва он нуқраро барои ҳар чизе ки дилат ҳавас дошта бошад: барои гов ва гӯсфанд, ва шароб ва бӯза, ва ҳар чизе ки дилат аз ту талаб кунад, бидеҳ; ва дар он ҷо ба ҳузури Худованд Худои худ бихӯр, ва худат бо аҳли байтат хурсандӣ бикун.
27 Ва левизодаро, ки дар шаҳри туст, тарк накун, зеро ки вай бо ту ҳиссае ва мулке надорад.
28 Баъд аз гузаштани се сол тамоми ушри ҳосилоти худро дар он сол берун оварда, назди дарвозаи шаҳри худ бимон;
29 Ва левизодае ки бо ту ҳисса ва мулке надорад, ва ғариб ва ятим ва бевае ки дар шаҳри ту мебошанд, омада, бихӯранд ва сер шаванд, то ки Худованд Худоят туро дар ҳар амали дастат, ки мекунӣ, баракат диҳад.
15БОБИ ПОНЗДАҲУМ
Дар бораи солҳои муоф+ муоф — озод кардан аз андоз ё аз иҷрои коре..
1 Дар соли ҳафтум муоф намо.
2 Масъалаи муоф чунин аст: ҳар қарзхоҳе ки ба ёри худ қарз дода бошад, бояд муоф намояд ва аз ёр ва бародари худ адои қарзро талаб накунад, зеро ки барои Худованд муоф эълон карда шудааст.
3 Аз аҷнабӣ талаб бикун, вале аз он чи, ки бародарат бояд ба ту адо намояд, дасти худро бикаш.
4 Набояд назди ту эҳтиёҷманде бошад, зеро ки Худованд туро дар замине ки Худованд Худои ту ҳамчун мулк барои тасарруф карданат медиҳад, ҳатман баракат хоҳад дод,
5 Агар овози Худованд Худои худро бодиққат гӯш карда, саъю кӯшиш намоӣ, ки тамоми ин аҳкомро, ки ман имрӯз ба ту амр мефармоям, ба амал оварӣ,
6 Зеро Худованд Худоят туро, чунон ки ба ту гуфтааст, баракат хоҳад дод; ва ту ба халқҳои бисьёр қарз хоҳӣ дод, вале худат қарз нахоҳӣ гирифт; ва ту бар халқҳои бисьёр ҳукмронӣ хоҳӣ кард, вале бар ту хукмронӣ нахоҳанд кард.
7 Агар назди ту, дар яке аз шаҳрҳои ту, дар замине ки Худованд Худоят ба ту медиҳад, яке аз бародарони ту эҳтиёҷманд бошад, дили худро сахт накун ва дасти худро аз бародари эҳтиёҷманди худ набанд,
8 Балки дасти худро албатта барои вай кушода, мувофиқи эҳтиёҷи вай, ба қадри кофӣ ба вай қарз бидеҳ.
9 Эҳтиёт бош, ки фикри баде дар дилат пайдо шуда, ту нагӯӣ: „Соли ҳафтум, яъне соли муоф, наздик меояд“, ва назари ту ба бародари эҳтиёҷманди ту бад шуда, ба вай қарз надиҳӣ, — вай аз дасти ту сӯи Худованд фиғон хоҳад кард, ва ин барои ту гуноҳ хоҳад буд.
10 Ҳатман ба вай қарз бидеҳ, ва ҳангоме ки ба вай медиҳӣ, дилат малул нашавад; зеро ки дар ивази он Худованд Худоят туро дар тамоми аъмолат ва дар ҳар шуғли дастат баракат хоҳад дод.
11 Зеро ки эҳтиёҷманд дар рӯи замин ҳамеша хоҳад буд, бинобар ин ман ба ту амр фармуда, мегӯям: дасти худро барои бародари камбағал ва эҳтиёҷманди худ дар замини худ ҳатман бикшо.
12 Агар бародари ту, мард ё зани ибронӣ, ба ту фурӯхта шавад, вай бояд шаш сол назди ту ғулом бошад, ва дар соли ҳафтум ту варо аз пеши худ озод карда бифирист.
13 Ва ҳангоме ки варо аз пеши худ озод карда мефиристӣ, варо тиҳидаст нафирист,
14 Балки варо аз рамаи худ ва аз хирмани худ ва аз чархушти худ таъмин намо: ба андозае ки Худованд Худоят туро баракат дода бошад, ба вай бидеҳ.
15 Ва дар хотир нигоҳ дор, ки ту дар замини Миср ғулом будӣ, ва туро Худованд Худои ту фидия дода раҳо кард; бинобар ин ман имрӯз инро ба ту амр мефармоям.
Дар бораи ғуломони «якумрӣ».
16 Валекин агар вай ба ту гӯяд: „Аз пеши ту намеравам“, зеро ки вай туро ва хонадони туро дӯст доштааст, ва аҳволаш назди ту некӯст, —
17 Дар он сурат бигизе бигир ва гӯши варо ба дар часпонида, сӯрох кун, ва вай ғуломи якумрии ту хоҳад буд; ва бо канизи худ низ чунин амал намо.
18 Бигзор ба назари ту сахт нанамояд, ки варо озод карда мефиристӣ, зеро ки вай дар зарфи шаш сол ду баробари муздури кироя барои ту хизмат кардааст; ва Худованд Худои ту дар ҳар коре ки мекунӣ, туро баракат хоҳад дод.
19 Ҳамаи нахустзодаҳои наринаро, ки аз говон ва гӯсфандони ту зоида мешавад, барои Худованд Худои худ тақдис намо; бо нахустзодаи наргови худ кор накун, ва аз нахустзодаи гӯсфанди худ пашм натарош.
20 Ба ҳузури Худованд Худои худ онро сол ба сол, дар маконе ки Худованд баргузинад, ту ва аҳли байти ту бихӯред.
21 Вале агар он ягон айбе дошта бошад, яъне ланг ё кӯр бошад, ё ҳар гуна нуқсони дигараш бошад, онро барои Худованд Худои худ забҳ накун.
22 Онро дар истиқоматгоҳи худ бихӯр, шахсони наҷис ва пок мисли ғизоле ва мисли оҳуе бихӯранд.
23 Лекин хуни онро нахӯр: онро мисли об бар замин бирез.
16БОБИ ШОНЗДАҲУМ
Дар бораи ид кардани фисҳ.
1 Моҳи абибро риоя намо, ва фисҳро барои Худованд Худои худ ба ҷо овар; зеро ки дар моҳи абиб туро Худованд Худои ту аз Миср шабона берун овард.
2 Ва фисҳро аз гӯсфандон ва говон барои Худованд Худои худ забҳ намо, дар маконе ки Худованд баргузинад, то ки исми Худро дар он ҷо сокин гардонад.
3 Бо он хамиртуруш нахӯр, ҳафт рӯз фатир, яъне нони мазаллат, бо он бихӯр, — зеро ки шитобкорона аз замини Миср берун омадӣ, — то ки рӯзи берун омаданатро аз замини Миср тамоми айёми зиндагии худ дар хотир нигоҳ дорӣ.
4 Ва дар тамоми худуди ту набояд ҳафт рӯз хамиртуруш дида шавад; ва аз гӯште ки ту бегоҳии рӯзи якум забҳ мекунӣ, набояд чизе то субҳ боқӣ бимонад.
5 Дар ҳеҷ яке аз шаҳрҳои худ, ки Худованд Худоят ба ту медиҳад, наметавонӣ фисҳро забҳ намоӣ,
6 Балки фақат дар маконе ки Худованд Худои ту баргузинад, то ки исми Худро дар он ҷо сокин гардонад, — дар он макон фисҳро бегоҳирӯзӣ, ҳангоми ғуруб кардани офтоб, ки вақти берун омаданат аз Миср аст, забҳ намо.
7 Ва онро дар маконе ки Худованд Худои ту баргузинад, бирьён бикун ва бихӯр, ва бомдодон тоб хӯрда, ба хаймаҳои худ бирав.
8 Шаш рӯз фатир бихӯр, ва дар рӯзи ҳафтум ҷашн аст барои Худованд Худои ту; ҳеҷ кор накун.
Дар бораи иди ҳафтаҳо ва иди хаймаҳо.
9 Ҳафт ҳафта барои худ бишумор; аз вақте ки дос ба дарав шурӯъ кунад, ба шумурдани ҳафт ҳафта оғоз намо.
10 Ва иди ҳафтаҳоро барои Худованд Худои худ бо ҳадияи дасти босаховати худ ба ҷо овар, ки онро бар ҳасби баракате ки Худованд Худоят ба ту бидиҳад, тақдим хоҳӣ кард.
11 Ва ба ҳузури Худованд Худои худ хурсандӣ бикун, — ту ва писарат ва духтарат, ва ғуломат ва канизат, ва левизодае ки дар шаҳри туст, ва ғариб ва ятим ва бевае ки дар миёни туст, — дар маконе ки Худованд Худои ту баргузинад, то ки исми Худро дар он ҷо сокин гардонад.
12 Ва дар хотир нигоҳ дор, ки ту дар Миср ғулом будӣ, пас саъю кӯшиш намо, ки ин фароизро ба ҷо оварӣ.
13 Иди хаймаҳоро, баъд аз он ки аз хирмани худ ва аз чархушти худ ғунучин намоӣ, ҳафт рӯз ба ҷо овар.
14 Ва дар иди худ хурсандӣ бикун, — ту ва писарат ва духтарат, ва ғуломат ва канизат, ва левизода ва ғариб ва ятим ва бевае ки дар шаҳри туст.
Мардон бояд ба ҳузури Худованд ҳозир шаванд.
15 Ҳафт рӯз барои Худованд Худои худ дар маконе ки Худованд баргузинад, ид бикун, зеро ки Худованд Худои ту дар тамоми ҳосилоти ту ва дар тамоми аъмоли дасти ту баракат хоҳад дод, ва ту бағоят хурсанд хоҳӣ шуд.
16 Се карат дар як сол ҳамаи мардони ту бояд ба ҳузури Худованд дар маконе ки Ӯ баргузинад, ҳозир шаванд: дар иди фатир ва дар иди ҳафтаҳо ва дар иди хаймаҳо; ва ба хузури Худованд набояд тиҳидаст ҳозир шаванд,
17 Балки ҳар кас бояд бо пешкаши дасти худ ҳозир шавад, бар ҳасби баракате ки Худованд Худоят ба ту бидиҳад.
18 Доварон ва нозиронро дар ҳамаи шаҳрҳое ки Худованд Худоят ба ту медиҳад, барои худ бар ҳасби сибтҳои худ таъин намо, то ки қавмро бо адлу инсоф доварӣ кунанд.
19 Дар доварӣ каҷкорӣ нанамо, рӯйбинӣ накун, ва ришва нагир, зеро ки ришва чашмони ҳакимонро кӯр ва суханони одилонро таҳриф мекунад.
20 Адолатро, адолатро ҷӯё бош, то ки зинда бимонӣ ва заминеро, ки Худованд Худоят ба ту медиҳад, тасарруф намоӣ.
21 Барои Ашерае ки мехоҳӣ аз баҳри худ бисозӣ, ҳеҷ як дарахте назди қурбонгоҳи Худованд Худои худ нашинон;
22 Ва сутуне барои худ, ки Худованд Худои ту аз он нафрат дорад, барпо накун.
17БОБИ ҲАФДАҲУМ
Дар бораи беайбии қурбониҳое ки барои Худо тақдим карда мешавад.
1 Гов ва гӯсфандеро, ки айбе ё нуқсони дигаре дошта бошад, барои Худованд Худои худ забҳ накун, зеро ки он дар назари Худованд Худои ту зишт аст.
2 Агар дар миёни ту, дар яке аз шаҳрҳои ту, ки Худованд Худоят ба ту медиҳад, марде ё зане пайдо шавад, ки дар назари Худованд Худои ту кори баде карда, аҳди Ӯро поймол намояд,
3 Ва рафта, худоёни дигарро ибодат кунад, ва ба онҳо саҷда барад, ё ба офтоб, ё ба моҳ, ё ба ҳар яке аз лашкари осмон, ки ман амр нафармудаам;
4 Ва ту хабар ёфта, бишнавӣ, пас дурустакак тафтиш намо, ва инак, агар ҳақиқатан рост бошад, ки ин кори зишт дар Исроил ба амал оварда шудааст, —
5 Дар он сурат ту он мард ё он занро, ки чунин кори бад кардаанд, назди яке аз дарвозаҳоят берун овар, ва он мард ё занро сангсор кун, то ки бимиранд.
6 Бар тибқи гувоҳии ду шоҳид ё се шоҳид, он шахси сазовори қатл бояд кушта шавад; бар тибқи гувоҳии як шоҳид набояд кушта шавад.
7 Бигзор аввал дасти шоҳидон бар ӯ барои куштани ӯ бардошта шавад, ва баъд аз он — дасти тамоми қавм; ва шароратро аз миёни худ барҳам хоҳӣ дод.
Дар бораи итоат кардан ба ҳокимият.
8 Агар чизе барои ту нофаҳмо бошад дар муайян кардани фарқ дар миёни хун ва хун, дар миёни даъво ва даъво ва дар миёни осеб ва осеб, аз мурофиаҳое ки назди дарвозаҳои ту ба вукӯъ меояд, — ту бархоста, ба маконе ки Худованд Худои ту баргузинад, бирав,
9 Ва назди коҳинони левизода ва назди доваре ки дар он рӯзҳо бошад, омада, бипурс, ва онҳо фатвои қонунро ба ту баён хоҳанд кард.
10 Ва ту бар тибқи ҳукме ки онҳо аз он макони баргузидаи Худованд ба ту баён мекунанд, амал намо, ва ҳар он чиро, ки ба ту таълим диҳанд, боэҳтиёт ба ҷо овар.
11 Бар тибқи қонуне ки онҳо ба ту таълим диҳанд, ва бар тибқи фатвое ки онҳо ба ту баён кунанд, амал намо; аз сухане ки онҳо ба ту бигӯянд, ба тарафи рост ё чап майл накун.
12 Ва касе ки бадқасдона амал карда, ба коҳине ки барои хизмати Худованд Худои ту дар он ҷо меистад, ё ба довар гӯш надиҳад, — он кас бояд ба қатл расонида шавад; ва шароратро аз миёни худ барҳам хоҳӣ дод.
13 Ва тамоми қавм инро шунида, хоҳанд тарсид, ва дигар бадқасдона амал нахоҳанд кард.
14 Ҳангоме ки ту ба замине ки Худованд Худоят ба ту медиҳад, биёӣ, ва онро тассарруф намуда, дар он сокин шавӣ, ва бигӯӣ: „Мисли ҳамаи халқҳое ки дар гирду пеши ман ҳастанд, подшоҳе бар худ таъин хоҳам намуд“ —
15 Ҳатман подшоҳеро, ки Худованд Худои ту баргузинад, бар худ таъин намо; аз миёни бародарони худ подшоҳеро бар худ таъин намо; шахси аҷнабиро, ки аз бародарони ту набошад, наметавонӣ бар худ таъин намоӣ.
16 Аммо бигзор вай аспҳоро барои худ афзун накунад, ва қавмро ба Миср барнагардонад, то ки аспҳоро афзун намояд; ва ҳол он ки Худованд ба шумо гуфтааст: „Бори дигар бо ин роҳ барнагардед“.
17 Ва бигзор вай занонро барои худ афзун нанамояд, то ки дилаш фосид нашавад; ва бигзор нуқра ва тиллоро барои худ бисьёр афзун накунад.
18 Ва ҳангоме ки вай бар тахти мамлакати худ биншинад, бигзор нусхаи ин қонунро аз китобе ки назди коҳинони левизода аст, барои худ бинависад.
19 Ва он назди вай бошад, ва онро вай тамоми айёми зиндагии худ бихонад, то таълим гирад, ки вай бояд аз Худованд Худои худ битарсад, ва саъю кӯшиш кунад, ки ҳамаи суханони ин қонун ва ин фароизро ба ҷо оварад,
20 Бе он ки дили вай бар бародарони вай мағрур гардад, ва бе он ки вай аз ин амр ба тарафи рост ё чап майл кунад, то ки вай ва писаронаш айёми зиёде бар мамлакати худ қоим бошанд.
18БОБИ ҲАЖДАҲУМ
Дар бораи нафақаи коҳинон.
1 Коҳинони левизода, тамоми сибти Левӣ ҳиссае ва мулке бо Исроил нахоҳанд дошт; онҳо бояд қурбониҳои оташини Худованд ва ҳиссаи Ӯро бихӯранд.
2 Пас, вай мулке дар миёни бародарони худ нахоҳад дошт: Худованд мулки вай аст, чунон ки Ӯ ба вай гуфтааст.
3 Ва ин аст ҳаққи коҳинон аз ҷониби қавм, аз ҷониби онҳое ки гов ё гӯсфандро забҳ мекунанд: онҳо бояд соқи пеш ва ҷоғҳо ва ишкамбаро ба коҳин бидиҳанд.
4 Навбари ғалла, шираи ангур ва равғани зайтуни худро, ва навбари пашми гӯсфандони худро ба вай бидеҳ.
5 Зеро Худованд Худои ту варо аз ҳамаи сибтҳо баргузидааст, то ки вай ва писаронаш тамоми айём истода, ба исми Худованд хизмат кунанд.
6 Ва агар левизодае аз яке аз шаҳрҳои ту, аз тамоми Исроил, ки дар он ҷо сокин бошад, биёяд, бигзор вай мувофиқи тамоми орзуи дили худ ба маконе ки Худованд баргузинад, биёяд,
7 Ва ба исми Худованд Худои худ мисли ҳамаи бародарони левизодаи худ, ки дар он ҷо ба ҳузури Худованд меистанд, хизмат кунад;
8 Бигзор онҳо ҳиссаҳои баробар бихӯранд, ғайр аз он чи вай аз фурӯхтани молу мулки худ пайдо карда бошад.
Манъи бутпарастӣ.
9 Ҳангоме ки ту ба замине ки Худованд Худоят ба ту медиҳад, биёӣ, таълим нагир, ки бар тибқи корҳои зишти он халқҳо амал намоӣ.
10 Бигзор дар миёни ту на касе ёфт шавад, ки писараш ё духтарашро аз оташ мегузаронда бошад, на ҷодугаре, на чашмбанде, на фолбине, на афсунгаре, —
11 На найрангсозе, на пурсандаи арвоҳе, на азоимхоне ва на касе ки мурдагонро даъват менамояд,
12 Зеро ҳар касе ки ин корҳоро мекунад, дар назари Худованд зишт аст, ва маҳз аз боиси ҳамин корҳои зишт Худованд Худои ту онҳоро аз пеши ту бадар меронад.
13 Ба ҳузури Худованд Худои худ беайб бош.
14 Зеро ин халқҳое ки ту онҳоро бадар меронӣ, ба чашмбандон ва ҷодугарон гӯш медиҳанд, валекин туро Худованд Худои ту намегузорад, ки чунин рафтор намоӣ.
Нубувват дар бораи Масеҳ.
15 Пайғамбаре мисли ман аз миёни ту, аз бародарони ту Худованд Худоят барои ту ба майдон хоҳад овард; ба Вай гӯш диҳед.
16 Бар тибқи ҳар он чи ту дар Хӯриб, дар рӯзи ҷамъомад, аз Худованд Худои худ пурсида, гуфтӣ: „Овози Худованд Худои худро дигар нашнавам, ва ин оташи азимро дигар набинам, мабодо бимирам“, —
17 Худованд ба ман гуфт: „Он чи онҳо гуфтанд, хуб аст.
18 Набие, мисли ту, Ман барои онҳо аз миёни бародарони онҳо ба майдон хоҳам овард, ва суханони Худро ба даҳони Вай хоҳам гузошт, ва ҳар он чи ба Вай амр фармоям, ба онҳо хоҳад гуфт;
19 Ва касе ки ба суханони Ман, ки Вай ба исми Ман гӯяд, гӯш наандозад, Ман ӯро танбеҳ хоҳам дод.
Имтиҳони анбиё.
20 Аммо набие ки қасдан ба исми Ман сухане гӯяд, ки ба гуфтанаш амр нафармудаам, ё ба исми худоёни дигар сухан гӯяд, — он набӣ бояд ба қатл расонида шавад“.
21 Ва агар дар дили худ гӯӣ: „Суханеро, ки Худованд нагуфта бошад, чӣ гуна бишносем?“ —
22 Пас, сухане ки набӣ ба исми Худованд гӯяд, вале он ба амал наояд ва иҷро нашавад, он суханест, ки Худованд нагуфтааст, балки набӣ бо қасди бад гуфтааст, — аз ӯ натарс.
19БОБИ НУЗДАҲУМ
Дар бораи шаҳрҳои гурезгоҳ.
1 Ҳангоме ки Худованд Худои ту халқҳоеро, ки Худованд Худои ту заминашонро ба ту медиҳад, маҳв намояд, ва ту вориси онҳо гардида, дар шаҳрҳо ва хонаҳои онҳо сокин шавӣ, —
2 Се шаҳрро барои худ андаруни замини худ, ки Худованд Худоят онро барои тасарруф кардан ба ту медиҳад, ҷудо кун.
3 Роҳе барои худ бисоз, ва ҳудуди замини худро, ки Худованд Худоят онро ҳамчун мулк ба ту медиҳад, ба се қисм тақсим намо, то ки ҳар қотил ба он ҷо бигрезад.
4 Ва ин аст қонун барои қотиле ки метавонад ба он ҷо гурехта, зинда бимонад: касе ки ёри худро нодониста куштааст, дар сурате ки пештар ба вай душман набуд;
5 Масалан, касе ки бо ёри худ барои дарахтбурӣ ба ҷангал омадааст, ва дасташ табарро барои буридани дарахт қулоч кашида задааст, вале оҳан аз табардаста баромада, ба ёри вай хӯрдааст, ва ӯ кушта шудааст, — бигзор вай ба яке аз ин шаҳрҳо бигрезад, то ки зинда бимонад;
6 Мабодо хунхоҳ дар вақти гармии дили худ қотилро таъқиб кунад, ва бо вуҷуди дурии роҳ, ба ӯ расида гирифта, ӯро бикушад, ва ҳол он ки ӯ сазовори қатл нест, зеро ки пештар ба вай душман набуд.
7 Бинобар ин ман ба ту амр фармуда, мегӯям: се шаҳрро барои худ ҷудо кун.
8 Ва ҳангоме ки Худованд Худоят худуди туро, чунон ки ба падаронат қасам хӯрдааст, васеъ кунад, ва тамоми заминеро, ки ба падаронат додани онро ваъда кардааст, ба ту бидиҳад, —
9 Ва ту тамоми ин аҳкомро, ки ман имрӯз ба ту амр мефармоям, риоя намуда ба амал оварӣ, то ки Худованд Худои худро дӯст дошта, тамоми айём бо роҳҳои Ӯ биравӣ, — он гоҳ бар ин се шаҳр барои худ се шаҳри дигар илова намо,
10 Ва бигзор андаруни замини ту, ки Худованд Худоят ҳамчун мулк ба ту медиҳад, хуни ноҳақ рехта нашавад: гуноҳи он хун бар гардани ту хоҳад буд.
11 Валекин агар касе ба ёри худ душман шуда, бар вай камин гирад, ва ба зидди вай бархоста, варо зарба зада бикушад, ва ба яке аз ин шаҳрҳо бигрезад, —
12 Он гоҳ пирони шаҳри вай бояд фиристода, варо аз он ҷо бигиранд, ва ба дасти хунхоҳ варо бисупоранд, то ки ба қатл расонида шавад.
13 Бигзор чашми ту ба онҳо раҳм накунад, то ки хуни ноҳақро аз Исроил барҳам диҳӣ, ва барои ту некӯ бошад.
14 Марзаи ёри худро, ки аҷдод дар мулки ту кашидаанд, вайрон накун, — дар мулке ки ба даст хоҳӣ овард дар замине ки Худованд Худоят барои тасарруф кардани он ба ту медиҳад.
15 Бигзор ба муқобили касе дар бобати ҳар хато ва ҳар ҷиноят, дар бобати ҳар гуноҳе ки вай карда бошад, як шоҳид баромад накунад, балки бо гувоҳии ду шоҳид, ё бо гувоҳии се шоҳид мурофиа ба амал ояд.
16 Агар шоҳиди козибе ба муқобили касе баромад карда, дар ҳаққи вай тӯҳмат кунад, —
17 Бигзор он ду касе ки дар миёнашон даъвое мавҷуд аст, ба ҳузури Худованд, ба ҳузури коҳинон ва довароне ки дар он рӯзҳо бошанд, ҳозир шаванд;
18 Ва доварон дурустакак тафтиш кунанд, ва инак, маълум шудааст, ки он шоҳид шоҳиди козиб аст, яъне дар ҳаққи бародари худ шаҳодати бардурӯғ додааст, —
19 Пас, дар ҳаққи вай ончунон амал кунед, чунон ки вай қасди бад дошт, ки дар ҳаққи бародари худ амал кунад; ва ту шароратро аз миёни худ барҳам хоҳӣ дод.
20 Ва дигарон инро шунида, ҳаросон хоҳанд шуд, ва минбаъд чунин кори бад дар миёни ту нахоҳанд кард.
21 Бигзор чашми ту раҳм накунад: ҷон дар ивази ҷон, чашм дар ивази чашм, дандон дар ивази дандон, даст дар ивази даст, пой дар ивази пой.
20БОБИ БИСТУМ
Дар бораи ҷанг. Муносибат ба шаҳрҳои душман.
1 Ҳангоме ки ба ҷанги зидди душмани худ берун равӣ, ва аспон ва аробаҳо ва қавмеро, ки аз ту сершумортар бошанд, бубинӣ, — аз онҳо натарс, зеро Худованд Худоят, ки туро аз Миср берун овард, бо туст.
2 Ва ҳангоме ки ба майдони корзор наздик шавед, бигзор коҳин наздик омада, ба қавм сухан ронад,
3 Ва ба онҳо гӯяд: „Бишнав, эй Исроил! Шумо имрӯз ба ҷанги зидди душманони худ шурӯъ менамоед; бигзор дили шумо суст нашавад, натарсед ва воҳима накунед ва аз онҳо ба ҳарос наафтед;
4 Зеро ки Худованд Худои шумо бо шумо меравад, то ки барои шумо бо душманонатон ҷанг карда, шуморо наҷот диҳад“.
5 Ва бигзор нозирон ба қавм сухан ронда, гӯянд: „Касе ки хонаи нав сохта, аз он ҳанӯз истифода набурда бошад, бигзор рафта, ба хонаи худ баргардад, мабодо дар ҷанг бимирад, ва шахси дигаре аз он истифода барад;
6 Ва касе ки ток шинонда, аз меваи он ҳанӯз нахӯрда бошад, бигзор рафта, ба хонаи худ баргардад, мабодо дар ҷанг бимирад, ва шахси дигаре аз меваи он бихӯрад;
7 Ва касе ки занеро номзад карда, ҳанӯз варо нагирифта бошад, бигзор рафта, ба хонаи худ баргардад, мабодо дар ҷанг бимирад, ва шахси дигаре варо бигирад“.
8 Ва бигзор нозирон боз ба қавм сухан ронда, гӯянд: „Касе ки тарсончак ва буздил бошад, бигзор рафта, ба хонаи худ баргардад, то ки дили бародарони худро мисли дили худаш тарсончак нагардонад“.
9 Ва ҳангоме ки нозирон суханрониро бо қавм ба анҷом расонанд, бигзор сипаҳдорон бар сари қавм таъин карда шаванд.
10 Ҳангоме ки ба шаҳре наздик оӣ, то ки барои забти он ҷанг кунӣ, онро ба сулҳ даъват намо.
11 Ва агар он бо ту сулҳ намуда, дарвозаҳояшро барои ту бикшояд, бигзор тамоми қавме ки дар он бошанд, хироҷгузори ту гардида, хизмати туро ба ҷо оваранд.
12 Валекин агар он бо ту сулҳ накунад, ва ба муқобили ту ҷанг пеша намояд, — онро муҳосира бикун.
13 Ва ҳангоме ки Худованд Худои ту онро ба дасти ту бисупорад, ҳамаи мардони онро бо дами шамшер зарба бизан;
14 Фақат занон ва кӯдакон ва чорпоён, ва ҳар он чи дар шаҳр бошад, яъне тамоми ғанимати онро барои худ тороҷ намо; ва аз ғанимати душманони худ, ки Худованд Худоят онро ба ту додааст, истифода бикун.
15 Бо ҳамаи шаҳрҳое ки аз ту бағоят дуранд, ки аз шаҳрҳои ин халқҳо набошанд, чунин амал намо.
16 Аммо аз шаҳрҳои ин қавмҳо, ки Худованд Худоят ҳамчун мулк ба ту медиҳад, ҳеҷ як ҷонро зинда нагузор,
17 Балки онҳоро — ҳиттиён ва амӯриён, канъониён ва фариззиён, ҳиввиён ва ябусиёнро, — чунон ки Худованд Худоят ба ту амр фармудааст, тамоман несту нобуд бикун,
18 То шуморо таълим надиҳанд, ки мисли ҳамаи корҳои зиште ки онҳо бо худоёни худ мекарданд, амал намуда, пеши Худованд Худои худ гуноҳкор шавед.
19 Агар шаҳреро айёми зиёде муҳосира намоӣ, то ки бо он ҷангида онро забт кунӣ, табаре бар дарахташ бардошта, онро нобуд накун, чунки аз меваи он мехӯрӣ, бинобар ин онро набур; зеро, оё дарахти саҳро одамизод аст, ки аз пеши ту ба истеҳкоме дохил шавад?
20 Фақат дарахте ки дар бораи он ту медонӣ, ки дарахти ғизодор нест, — онро нобуд бикун ва онро бибур, то ба зидди шаҳре ки бо ту меҷангад, истеҳкоме бисозӣ, то даме ки он мағлуб шавад.
21БОБИ БИСТУ ЯКУМ
Ёфт шудани мақтули номаълум.
1 Агар дар замине ки Худованд Худоят барои тасарруф кардани он ба ту медиҳад, мақтули дар саҳро хобидае ёфт шавад, ва маълум набошад, ки қотили вай кист, —
2 Бигзор пирон ва доварони ту берун омада, масофаи шаҳрҳоеро, ки дар гирду пеши мақтул аст, чен кунанд;
3 Ва шаҳре ки ба мақтул аз ҳама наздиктар бошад, — бигзор пирони он шаҳр гӯсолаи модае бигиранд, ки онро ҳанӯз кор нафармудаанд ва юғе ба гарданаш набастаанд,
4 Ва бигзор пирони он шаҳр он гӯсоларо ба водии санглохе ки шудгор ва кишт карда намешавад ва наҳри оби ҷорӣ дорад, фурӯд оваранд, ва дар он ҷо, дар водӣ гардани гӯсоларо бишкананд.
5 Ва коҳинон, писарони Левӣ, наздик меоянд, чунки онҳоро Худованд Худои ту баргузидааст, то ки хизмати Ӯро ба ҷо оваранд ва ба исми Худованд баракат диҳанд, ва бар тибқи сухани онҳо ҳар низоъ ва ҳар осеб бояд яктарафа карда шавад.
6 Ва ҳамаи пирони он шаҳре ки ба мақтул аз ҳама наздиктар аст, бигзор дастҳои худро бар гӯсолае ки дар водӣ гарданаш шикаста шудааст, бишӯянд,
7 Ва хитоб намуда, гӯянд: „Дастҳои мо ин хунро нарехтааст, ва чашмони мо надидааст;
8 Қавми Худ — Исроилро, ки Ту, эй Худованд, фидия дода раҳо кардаӣ, кафорат намо, ва намон, ки хуни ноҳақ дар миёни қавми Ту — Исроил рехта шавад“. Пас, он хун барои онҳо кафорат карда хоҳад шуд.
9 Ва ту хуни ноҳақро аз миёни худ барҳам хоҳӣ дод, агар он чиро, ки дар назари Худованд дуруст аст, ба амал оварӣ.
10 Ҳангоме ки барои ҷанг кардан ба муқобили душманони худ берун равӣ, ва Худованд Худоят онҳоро ба дасти ту бисупорад, ва ту онҳоро асир кунӣ,
11 Ва дар миёни асирон зани хушрӯе дида, ошиқи вай бишавӣ, ва бихоҳӣ варо барои худ ба занӣ бигирӣ,
12 Пас, варо ба хонаи худ биёр, ва бигзор вай сари худро тарошад, ва нохунҳои худро гирад,
13 Ва либоси асирии худро аз тани худ дур кунад, ва дар хонаи ту нишаста, барои падар ва модари худ як моҳ мотам гирад; ва баъд аз он ту назди вай даромада, шавҳари вай бишав, ва вай зани ту хоҳад буд.
14 Ва агар ту варо дигар нахоҳӣ, метавонӣ варо мувофиқи дилхоҳаш бифиристӣ, вале набояд варо ба нуқра бифрӯшӣ; ба вай сахтгирӣ накун, чунки варо бо зӯрӣ тобеъ намудаӣ.
15 Агар марде ду зан дошта бошад, — яке маҳбуба ва дигаре манфура, — ва ҳар ду — маҳбуба ва манфура — барои ӯ писарон зоянд, ва писари манфура нахустзода бошад,
16 Пас, дар рӯзе ки ӯ дороии худро ба писаронаш тақсим кунад, наметавонад ба писари маҳбуба бар писари манфура, ки нахустзода аст, ҳуқуқи нахустзодагӣ диҳад,
17 Балки бояд нахустзодагии писари манфураро эътироф намуда, аз ҳар дороии худ ба вай ҳиссаи дучанд диҳад, зеро ки вай ибтидои қуввати ӯст, ва ҳуқуқи нахустзодагӣ ба вай тааллуқ дорад.
Дар бораи писари саркаш.
18 Агар касе писари саркаш ва беитоате дошта бошад, ки сухани падар ва модари худро нашнавад, ва ҳар чанд варо ҷазо диҳанд, ба онҳо гӯш наандозад, —
19 Бигзор падар ва модараш варо гирифта, назди пирони шаҳраш, ба дарвозаи маконаш берун оваранд,
20 Ва ба пирони шаҳраш гӯянд: „Ин писари мо саркаш ва беитоат аст, сухани моро намешунавад, пурхӯр ва майзада аст“.
21 Ва бигзор варо тамоми мардуми шаҳраш сангсор кунанд, то ки бимирад, — ва шароратро аз миёни худ барҳам хоҳӣ дод; ва тамоми Исроил инро шунида, ҳаросон хоҳанд шуд.
22 Ва агар касе гуноҳи сазовори қатл карда бошад, ва ба қатл расонида шавад, ва ту варо ба дор овехта бошӣ, —
23 Набояд ҷасади мурдаи варо шабона бар дор бимонӣ, балки ҳатман варо дар ҳамон рӯз дафн намо, зеро касе ки ба дор кашида шудааст, ба лаънати Худо гирифтор аст, ва ту замини худро, ки Худованд Худоят онро ҳамчун мулк ба ту медиҳад, наҷис нагардон.
22БОБИ БИСТУ ДУЮМ
Дар бораи дӯстдорӣ нисбат ба ёр ва нисбат ба ҳайвонот.
1 Вақте ки гови бародари худ ё гӯсфанди ӯро бубинӣ, ки роҳро гум кардааст, набояд аз онҳо рӯй гардонӣ; онҳоро ҳатман ба бародари худ баргардон.
2 Ва агар бародари ту дар наздикии ту набошад, ё ӯро нашносӣ, онҳоро ба хонаи худ биёр, ва бигзор онҳо назди ту бошад, то даме ки бародарат онҳоро талаб кунад, ва он гоҳ ба ӯ баргардон.
3 Ва бо хари ӯ чунин амал намо, ва бо либоси ӯ чунин амал намо, ва бо ҳар чизи гумшудаи бародари худ, ки вай онро гум карда бошад, ва ту онро ёфта бошӣ, чунин амал намо; ту наметавонӣ аз он рӯй гардонӣ.
4 Агар хари бародари худ ё гови ӯро бубинӣ, ки дар роҳ афтодааст, аз онҳо рӯй нагардон, балки ҳатман онҳоро бо ӯ бархезон.
5 Либоси мард бар зан набояд бошад, ва мард набояд либоси занро дар бар кунад, зеро ҳар кӣ ин корҳоро мекунад, дар назари Худованд Худои ту зишт аст.
6 Агар тасодуфан дар роҳ, бар дарахте ё бар замин, лонаи парандае аз пешат барояд, ки чӯҷаҳо ё тухмҳо дар он бошад, ва модар бар чӯҷаҳо ё бар тухмҳо нишаста бошад, — модарро бо бачаҳояш нагир:
7 Модарро албатта раҳо намо, ва бачаҳоро барои худ бигир, то ки барои ту некӯ бошад, ва умри дароз бинӣ.
8 Ҳангоме ки хонаи нав бино кунӣ, панҷарае бар боми худ бисоз, то ки хуне бар хонаи худ наоварӣ, вақте ки касе аз болои он биафтад.
9 Токзори худро бо ду навъ тухмӣ кишт накун, мабодо тамоми ҳосилот, ҳам тухмие ки коштаӣ, ва ҳам ҳосили токзор ҳаром гардад.
10 Барзагов ва харро якҷоя баста, шудгор накун.
11 Либоси иборат аз ду навъ матоъ, яъне аз пашм ва катон, дар бар накун.
12 Бар чор гӯшаи ридои худ, ки онро дар бар мекунӣ, шилшилаҳо бибоф.
Муҳофизати зан аз маломатҳои мард.
13 Агар касе зан гирад, ва бо вай бихобад, ва аз вай нафрат намояд,
14 Ва дар ҳаққи вай маломат бароварад, ва варо бадном карда, гӯяд: „Ин занро гирифтам, ва бо вай наздикӣ кардам, вале варо бокира наёфтам“, —
15 Пас, бигзор падари он духтар ва модари вай аломати бакорати духтарро гирифта, пеши пирони шаҳр, назди дарвоза бароранд,
16 Ва падари духтар ба пирон бигӯяд: „Духтари худро ба ин одам ба занӣ додаам, ва ӯ алҳол аз вай нафрат кардааст,
17 Ва инак, ӯ маломат бароварда, мегӯяд: духтари туро бокира наёфтам. Вале ин аст аломати бакорати духтари ман“. Пас, ҷойпӯшро пеши пирони шаҳр паҳн мекунанд.
18 Ва бигзор пирони он шаҳр он мардро гирифта, таъдиб намоянд.
19 Ва бар ӯ ба қадри сад сиқл нуқра чарима андохта, онро ба падари духтар бидиҳанд, зеро ки ӯ бокираи Исроилро бадном кардааст; ва бигзор вай зани ӯ бошад, ба тавре ки ӯ наметавонад тамоми умри худ ба вай талоқ диҳад.
20 Валекин агар ин даъво рост бошад, яъне аломати бакорати духтар ёфт нашавад,
21 Бигзор духтарро назди дари хонаи падари вай берун оваранд, ва мардуми шаҳри вай варо сангсор кунанд, то ки бимирад, зеро ки вай дар хонаи падараш зино карда, дар Исроил рафтори зиште ба амал овардааст. Ва шароратро аз миёни худ барҳам хоҳӣ дод.
22 Агар марде ёфт шавад, ки бо зани шавҳардоре хобида бошад, бигзор ҳар дуяшон ба қатл расонида шаванд: ҳам марде ки бо он зан хобидааст, ва ҳам он зан. Ва шароратро аз Исроил барҳам хоҳӣ дод.
23 Агар духтари бокирае ба марде номзад шуда бошад, ва марди дигаре варо дар шаҳр ёфта, бо вай бихобад,
24 Ҳар дуяшонро назди дарвозаи он шаҳр бароред, ва онҳоро сангсор кунед, то ки бимиранд: духтарро барои он ки дар шаҳр доду фарьёд накардааст, ва мардро барои он ки ба номӯси зани ёри худ таҷовуз намудааст. Ва шароратро аз миёни худ барҳам хоҳӣ дод.
25 Ва агар марде дар саҳро духтари номзадшударо биёбад, ва он мард варо бо зӯрӣ дошта, бо вай бихобад, бигзор он марде ки бо вай хобидааст, танҳо ба қатл расонида шавад,
26 Вале бо духтар ҳеҷ кор накун: ба гардани духтар гуноҳи сазовори қатл нест, зеро ки монанди он аст, ки шахсе бар ёри худ қиём намуда, ӯро кушта бошад;
27 Зеро ки варо дар саҳро ёфтааст: мумкин аст, ки он духтари номзадшуда доду фарьёд карда бошад, валекин касе набудааст, ки варо раҳо кунад.
28 Агар марде духтари бокираро, ки номзад нашуда бошад, биёбад, ва бо зӯрӣ варо дошта, бо вай бихобад, ва онҳо ба даст афтанд,
29 Бигзор он марде ки бо вай хобидааст, ба падари духтар панҷоҳ сиқл нуқра бидиҳад, ва бигзор вай зани ӯ бошад, чунки ӯ ба номӯси вай таҷовуз намудааст; ӯ наметавонад тамоми умри худ ба вай талоқ диҳад.
30 Бигзор ҳеҷ кас зани падари худро нагирад, ва аврати падари худро ошкор накунад.
23БОБИ БИСТУ СЕЮМ
Дастуроти гуногун.
1 Касе ки байзаҳояш маҷақ шудааст, ё олати таносулаш бурида шудааст, наметавонад ба ҷамоати Худованд дохил шавад.
2 Ҳаромзода наметавонад ба ҷамоати Худованд дохил шавад: ҳатто насли даҳуми вай наметавонад ба ҷамоати Худованд дохил шавад.
3 Аммӯнӣ ва мӯобӣ наметавонад ба ҷамоати Худованд дохил шавад; ҳатто насли даҳуми онҳо наметавонад ба ҷамоати Худованд дохил шавад,
4 Аз он сабаб ки онҳо шуморо, вақте ки аз Миср берун омадед, дар роҳ бо нон ва об пешвоз нагирифтанд, ва аз он сабаб ки вай Билъом ибни Баӯрро аз Фатӯри Байнаннаҳрайн ба муқобили ту киро кард, то ки туро лаънат гӯяд,
5 Вале Худованд Худои ту нахост Билъомро гӯш кунад, ва Худованд Худои ту он лаънатро барои ту ба баракат табдил дод, зеро ки Худованд Худоят туро дӯст медорад.
6 Саломатӣ ва некӯаҳволии онҳоро тамоми умри худ, то абад ҷӯё нашав.
7 Аз адӯмӣ нафрат накун, зеро ки вай бародари туст; аз мисрӣ нафрат накун, зеро ки ту дар замини вай ғариб будӣ;
8 Фарзандоне ки аз онҳо таваллуд меёбанд, дар насли сеюм метавонанд ба ҷамоати Худованд дохил шаванд.
9 Ҳангоме ки бо ӯрдуи худ ба мукобили душманонат берун равӣ, аз ҳар чизи бад худро нигоҳ дор.
10 Агар дар миёни ту касе бошад, ки аз эҳтиломи шаб наҷис шавад, бигзор вай аз ӯрдугоҳ берун равад, андаруни ӯрдугоҳ дохил нашавад;
11 Ва шомгоҳ дар об ғусл намуда, баробари ғуруб кардани офтоб андаруни ӯрдугоҳ дохил шавад.
12 Ва маконе барои ту берун аз ӯрдугоҳ бояд бошад, то ки ба он ҷо берун равӣ.
13 Ва ба замми яроқи худ ту бояд белчае дошта бошӣ, ва ҳангоме ки дар берун менишинӣ, чуқурчае бо он биканӣ, ва бархоста, пасафканди худро ба воситаи он бипӯшонӣ.
14 Зеро ки Худованд Худои ту андаруни ӯрдугоҳи ту қадамгузор аст, то ки туро раҳо намояд ва душманонатро ба дасти ту бисупорад; пас, бигзор ӯрдугоҳи ту муқаддас бошад, то ки Ӯ чизи палиде дар миёни ту дида, аз ту рӯй нагардонад.
15 Ғуломеро, ки аз оғои худ пеши ту гурехта бошад, ба дасти оғои вай насупор;
16 Бигзор вай дар миёни ту, дар маконе ки баргузинад, дар яке аз шаҳрҳои ту, ки барои вай некӯ бошад, сокин шавад; варо ба танг наовар.
17 Набояд аз духтарони Исроил фоҳишае бошад, ва аз писарони Исроил набояд ливотагаре бошад.
18 Музди фоҳиша ва қимати сагро+ 23:18 Музде ки бутпарастон ба ливотагар (марди фоҳиша) медоданд, «қимати саг» ном дошт. барои ҳеҷ назре ба хонаи Худованд Худои худ наовар, зеро ки ин ҳар ду дар назари Худованд Худои ту зишт аст.
19 Ба бародари худ бо суд қарз надеҳ, — на бо суди нуқра, на бо суди хӯрокворӣ, на бо суди ҳар чизе ки бо суд қарз дода мешавад.
20 Ба аҷнабӣ метавонӣ бо суд қарз диҳӣ, вале ба бародари худ бо суд қарз надеҳ, то ки Худованд Худои ту дар замине ки барои тасарруф кардани он ба он ҷо меравӣ, дар ҳар шуғли дастат ба ту баракат диҳад.
21 Агар барои Худованд Худои худ назр намоӣ, дар адои он даранг накун, зеро ки Худованд Худои ту ҳатман онро аз ту талаб хоҳад кард, ва бар гардани ту гуноҳе хоҳад буд.
22 Валекин агар аз назр кардан худдорӣ намоӣ, бар гардани ту гуноҳе нахоҳад буд.
23 Он чиро, ки аз даҳонат баромадааст, риоя намуда, ба ҷо овар, ончунон ки барои Худованд Худои худ назр карда, ба забон рондаӣ.
24 Ҳангоме ки ба токзори ёри худ биёӣ, аз ангури он ҳар қадар ки дилат бихоҳад, то сер шудани худ бихӯр, вале дар зарфи худ наандоз.
25 Ҳангоме ки ба ғаллазори ёри худ биёӣ, аз хӯшаҳои он бо дасти худ бичин, вале досро дар ғаллазори ёри худ ба кор набар.
24БОБИ БИСТУ ЧОРУМ
Шариати Мусо дар бораи талоқ.
1 Агар касе зан гирифта, бо вай бихобад, ва агар вай ба назари ӯ писанд наояд, чунки ӯ чизи нафратоваре дар вай пайдо кардааст, — ва ӯ талоқномае навишта ба дасти вай диҳад, ва аз хонаи худ варо бифиристад,
2 Ва вай аз хонаи ӯ берун равад, ва ба шавҳари дигаре бирасад,
3 Ва он шавҳари дигар низ аз вай нафрат намояд, ва талоқномае барои вай навишта, ба дасти вай диҳад, ва аз хонаи худ варо бифиристад, ё он шавҳари дигар, ки варо барои худ ба занӣ гирифта буд, бимирад, —
4 Шавҳари аввалаш, ки варо фиристода буд, наметавонад аз нав варо барои худ ба занӣ бигирад, баъд аз он ки вай наҷис гардидааст, зеро ки ин ба ҳузури Худованд зишт аст; пас, ба замине ки Худованд Худои ту ҳамчун мулк ба ту медиҳад, гуноҳ наовар.
5 Агар касе ба қарибӣ зан гирифта бошад, бигзор ба лашкар наравад, ва ҳеҷ маҷбурияти дигаре ба зиммаи вай гузошта нашавад, то ки як сол дар хонаи худ озод бошад, ва бо зани худ димоғчоқӣ кунад.
6 Набояд касе осиё ё санги болои онро ба гарав бигирад, зеро ки ҷонро ба гарав мегирад.
7 Агар шахсе ёфт шавад, ки аз бародарони худ, яъне аз банӣ‐Исроил, ягон касро дуздидааст, ва ба вай сахтгирӣ карда, варо фурӯхтааст, — бигзор он дузд ба қатл расонида шавад. Ва шароратро аз миёни худ барҳам хоҳӣ дод.
8 Дар хусуси захми махав эҳтиёт намоед, то ҳар он чиро, ки коҳинони левизода ба шумо таълим медиҳанд, бағоят риоя намуда, ба ҷо оваред; он чиро, ки ман ба онҳо амр фармудаам, риоя намуда, ба ҷо оваред.
9 Дар хотир нигоҳ дор, ки Худованд Худои ту дар роҳ бо Марьям чӣ карда буд, вақте ки аз Миср берун омадед.
10 Агар ба ёри худ чизе қарз диҳӣ, барои гирифтани гарав ба хонаи вай надаро,
11 Балки дар берун биист, ва он кас, ки ту ба вай қарз додаӣ, гаравро назди ту берун меоварад.
12 Ва агар вай марди бенавое бошад, хоб накун дар ҳолате ки гарави вай назди ту бимонад,
13 Балки баробари ғуруб кардани офтоб гарави варо ҳатман баргардон, то ки вай дар либоси худ бихобад ва туро баракат диҳад, ва ин барои ту ба ҳузури Худованд Худои ту адолат ҳисоб хоҳад ёфт.
14 Муздур, бенаво ва камбағалро аз бародарони худ ё аз ғарибоне ки дар миёни ту, дар шаҳрҳои ту мебошанд, озор надеҳ.
15 Дар ҳамон рӯз музди варо бидеҳ, ба тавре ки офтоб пеш аз доданат ғуруб накунад, зеро ки вай камбағал аст, ва ҷонаш ҳаваси онро дорад; мабодо вай аз дасти ту сӯи Худованд фиғон кунад, ва ин барои ту гуноҳ ҳисоб ёбад.
16 Бигзор падарон барои гуноҳи писарон ба қатл расонида нашаванд, ва писарон барои гуноҳи падарон ба қатл расонида нашаванд: ҳар кас бояд барои гуноҳи худаш ба қатл расонида шавад.
17 Дар доварии ғариб ва ятим каҷкорӣ накун, ва либоси беваро ба гарав нагир.
18 Дар хотир нигоҳ дор, ки ту дар Миср ғулом будӣ, ва Худованд Худоят туро аз он ҷо фидия дода раҳо кард; бинобар ин ман ба ту амр мефармоям, ки ин корро ба ҷо оварӣ.
19 Вақте ки ҳосилоти худро дар саҳрои худ дарав намоӣ, ва бандеро дар саҳро фаромӯш кунӣ, барои гирифтани он барнагард: бигзор он барои ғарибе, ятиме ва бевае бошад, то ки Худованд Худоят туро дар ҳар амали дастат баракат диҳад.
20 Вақте ки зайтуни худро зада афшонӣ, дуюмбора шохаҳоро тафтиш накун: бигзор он барои ғарибе, ятиме ва бевае бошад.
21 Вақте ки ангури токзори худро ғунучин намоӣ, дуюмбора боқимондаи онро начин: бигзор он барои ғарибе, ятиме ва бевае бошад.
22 Ва дар хотир нигоҳ дор, ки ту дар замини Миср ғулом будӣ; бинобар ин ман ба ту амр мефармоям, ки ин корро ба ҷо оварӣ.
25БОБИ БИСТУ ПАНҶУМ
Дастуроти гуногун.
1 Агар дар миёни одамон мурофиае ба вуҷуд ояд, ва онҳо ба маҳкама биёянд, ва доварон онҳоро доварӣ намуда, одилро сафед ва шарирро маҳкум кунанд,
2 Ва агар шарир сазовори шаллоқ бошад, — бигзор довар амр фармояд, ки варо бихобонанд, ва ба ҳузури ӯ варо мувофиқи шарораташ шумурда шаллоқ зананд;
3 Варо фақат чил тозиёна задан мумкин аст, на зиёд, зеро ки агар бар ин илова намуда варо шаллоқи зиёде зананд, бародари ту пеши назари ту ба залолат хоҳад афтод.
4 Даҳони говро, вақте ки хирман мекӯбад, набанд.
5 Агар бародарон бо ҳамдигар сукунат дошта бошанд, ва яке аз онҳо бимирад, ва фарзанде надошта бошад, зани он мурда набояд берун аз оила, ба марди бегонае бирасад, балки бародари шавҳараш бояд назди вай даромада, варо барои худ ба занӣ бигирад ва вазифаи додаршӯйро нисбат ба вай ба ҷо оварад.
6 Ва нахустзодае ки вай мезояд, фарзанди бародари мурдаи ӯ ҳисоб хоҳад ёфт, то ки номаш аз миёни Исроил маҳв нашавад.
7 Ва агар ин шахс ба гирифтани янгаи худ розӣ нашавад, бигзор янгаи ӯ ба дарвоза, назди пирон баромада, гӯяд: „Додаршӯи ман намехоҳад номи бародари худро дар Исроил аз нав барқарор намояд, аз иҷрои вазифаи додаршӯии худ нисбат ба ман сар метобад“.
8 Ва ӯро пирони шаҳраш хонда, ба ӯ сухан меронанд, ва агар ӯ исрор намуда, гӯяд: „Намехоҳам варо ба занӣ бигирам“, —
9 Он гоҳ бигзор янгаи ӯ пеши назари пирон ба ӯ наздик омада, кафши ӯро аз пояш бикашад, ва пеши ӯ туф карда, нидокунон гӯяд: „Бо касе ки хонаи бародари худро бино намекунад, чунин рафтор карда мешавад“.
10 Ва бигзор номи ӯ дар Исроил „хонаи кафшкашида“ хонда шавад.
11 Агар ду мард бо ҳамдигар дастбагиребон шаванд, ва зани яке аз онҳо пеш ояд, то ки шавҳари худро аз дасти занандаи ӯ халос кунад, ва дасти худро дароз карда, авраташро биқапад, —
12 Пас, дасти варо бурида парто; бигзор чашми ту ба вай раҳм накунад.
13 Бигзор дар халтаи ту сангҳои духела, калон ва хурд, набошад.
14 Бигзор дар хонаи ту эфаи духела, калон ва хурд, набошад.
15 Ту бояд санги мукаммал ва дуруст дошта бошӣ, то ки умри ту дар замине ки Худованд Худоят ба ту медиҳад, дароз шавад.
16 Зеро ҳар кӣ чунин амал мекунад, яъне ҳар ноинсоф, пеши Худованд Худои худ зишт аст.
17 Он чиро, ки Амолеқ дар роҳ, ҳангоми берун омаданат аз Миср, ба ту карда буд, дар хотир нигоҳ дор,
18 Ки ӯ дар роҳ туро пешвоз гирифта, ҳамаи аз ҳол рафтагонро дар ақиби ту несту нобуд карда буд, дар сурате ки ту лакот ва беҳол будӣ; ва ӯ аз Худо натарсида буд.
19 Пас, вақте ки Худованд Худои ту дар замине ки Худованд Худои ту барои тасарруф кардани он ҳамчун мулк ба ту медиҳад, аз ҳамаи душманони гирду пеш ба ту оромӣ бахшад, ту зикри Амолеқро аз зери осмон маҳв намо; фаромӯш накун.
26БОБИ БИСТУ ШАШУМ
Дар бораи тақдим кардани навбарҳо.
1 Ва ҳангоме ки ба замине ки Худованд Худоят ҳамчун мулк ба ту медиҳад, дохил шавӣ, ва онро ба тасарруфи худ дароварда, дар он сокин гардӣ, —
2 Он гоҳ аз навбарҳои ҳар маҳсули замин, ки аз замине ки Худованд Худоят ба ту медиҳад, ғундошта бошӣ, гирифта, дар сабаде бимон, ва ба маконе ки Худованд Худоят баргузинад, то ки исми Худро дар он ҷо сокин гардонад, бирав.
3 Ва назди коҳине ки дар он айём бошад, омада, ба вай бигӯ: „Имрӯз ба Худованд Худои ту изҳор менамоям, ки ба замине ки Худованд ба падарони мо қасам хӯрда буд, ки ба мо бидиҳад, дохил шудаам“.
4 Ва коҳин сабадро аз дастат гирифта, пеши курбонгоҳи Худованд Худои ту мегузорад.
5 Ва ту ба ҳузури Худованд Худои худ нидокунон бигӯ: „Падарам арамии оворагарде буд, ва ба Миср фурӯд омад, ва дар он ҷо бо одамони каме сукунат кард, ва дар он ҷо ба халқи бузурги пурзӯр ва сершуморе табдил ёфт;
6 Вале мисриён ба мо рафтори бад намуда, моро ба танг оварданд, ва меҳнати сахте ба гардани мо бор карданд;
7 Ва мо сӯи Худованд Худои падарони мо истиғоса бурдем, ва Худованд овози моро шунид, ва мусибат ва меҳнат ва тангии моро дид;
8 Ва Худованд моро аз Миср бо дасти қавӣ ва бозуи тӯлонӣ, бо даҳшати азим, ва бо аломот ва мӯъҷизот берун овард;
9 Ва моро ба ин макон овард, ва ин заминро, замине ки шир ва асал дар он ҷорист, ба мо дод.
10 Ва алҳол, инак, ман навбарҳои маҳсули заминро, ки Ту, эй Худованд, ба ман додӣ, овардаам“. Ва онро ба ҳузури Худованд Худои худ бимон, ва ба ҳузури Худованд Худои худ саҷда бибар.
11 Ва ту аз тамоми неъмате ки Худованд Худоят ба ту ва ба хонадони ту бахшидааст, бо левизода ва ғарибе ки дар миёни туст, хурсандӣ бикун.
12 Ҳангоме ки ту дар соли сеюм, ки соли ушрҳост, додани тамоми ушри ҳосилоти худро ба анҷом бирасонӣ, ва онро ба левизода, ғариб, ятим ва бева бидиҳӣ, то ки дар шаҳрҳои ту хӯрда сер шаванд,
13 Он гоҳ ба ҳузури Худованд Худои худ бигӯ: „Вақфҳоро аз хона баровардам, ва онҳоро ба левизода, ғариб, ятим ва бева низ, мувофиқи амре ки Ту ба ман фармудаӣ, додам; аз аҳкоми Ту сар натофтам ва онҳоро фаромӯш накардам;
14 Дар мотами худ аз онҳо нахӯрдам, ва дар нопокӣ аз онҳо набаровардам, ва барои мурда аз онҳо надодам; ба овози Худованд Худои худ гӯш андохтам, мувофиқи ҳар он чи ба ман амр фармудаӣ, амал кардам;
15 Аз макони муқаддаси Худ, аз осмон назар бикун, ва ба қавми Худ — Исроил, ва ба замине ки ба мо додаӣ, чунон ки ба падарони мо қасам хӯрдаӣ, ба замине ки шир ва асал дар он ҷорист, баракат бидеҳ“.
16 Имрӯз Худованд Худоят ба ту амр мефармояд, ки ин фароиз ва ин дастуротро ба амал оварӣ; ва ту онҳоро бо тамоми дили худ ва бо тамоми ҷони худ риоя намуда, ба амал овар.
17 Худовандро ту имрӯз эътироф намудӣ, то ки Ӯ Худои ту бошад, ва ту бо роҳҳои Ӯ равона шавӣ, ва фароизу аҳкому дастуроти Ӯро риоя намоӣ, ва ба овози Ӯ гӯш андозӣ.
18 Ва Худованд имрӯз туро эътироф намуд, то ки ту қавми гузини Ӯ бошӣ, чунон ки Ӯ ба ту гуфтааст, ва тамоми аҳкоми Ӯро риоя намоӣ,
19 Ва Ӯ туро дар ҷалол, шӯҳрат ва шавкат бар ҳамаи халқҳое ки Ӯ офаридааст, баланд гардонад, ва ту барои Худованд Худои худ қавми муқаддас бошӣ, чунон ки Ӯ гуфтааст».
27БОБИ БИСТУ ҲАФТУМ
Дар бораи сангҳои ёдгорӣ.
1 Ва Мусо ва пирони Исроил ба қавм амр фармуда, гуфтанд: «Тамоми аҳкомеро, ки ман имрӯз ба шумо амр мефармоям, риоя намоед.
2 Ва дар рӯзе ки аз Урдун ба замине ки Худованд Худоят ба ту медиҳад, убур кунед, барои худ сангҳои бузург барпо намо, ва бар онҳо оҳак бимол;
3 Ва бар онҳо, ҳамин ки убур кардӣ, ҳамаи суханони ин шариатро бинавис, то ба замине ки Худованд Худоят ба ту медиҳад, дохил шавӣ, — ба замине ки шир ва асал дар он ҷорист, чунон ки Худованд Худои падаронат ба ту гуфтааст.
4 Ва ҳангоме ки аз Урдун убур кунед, ин сангҳоро, ки ман имрӯз ба шумо амр мефармоям, бар кӯҳи Эбол барпо намоед, ва бар онҳо оҳак бимол.
5 Ва дар он ҷо қурбонгоҳе барои Худованд Худои худ бино намо, ки қурбонгоҳи сангин бошад; олати оҳанин бар онҳо кор нафармо;
6 Аз сангҳои яклухт қурбонгоҳи Худованд Худои худро бино намо, ва бар он барои Худованд Худои худ қурбониҳои сӯхтанӣ тақдим кун.
7 Ва курбониҳои саломатӣ забҳ намуда, дар он ҷо бихӯр ва ба ҳузури Худованд Худои худ хурсандӣ бикун.
8 Ва бар он сангҳо ҳамаи суханони ин шариатро бо хати равшан бинавис».
9 Ва Мусо ва коҳинони левизода ба тамоми Исроил сухан ронда, гуфтанд: «Сукут намо ва бишнав, эй Исроил! Имрӯз ту қавми Худованд Худои худ гардидаӣ.
10 Пас, овози Худованд Худои худро бишнав, ва аҳкому фароизи Ӯро, ки ман имрӯз ба ту амр мефармоям, ба амал овар».
11 Ва Мусо дар он рӯз ба қавм амр фармуда, гуфт:
12 «Ҳамин ки аз Урдун убур кунед, инҳо бояд бар кӯҳи Ҷаризим биистанд, то даме ки қавмро баракат диҳанд: Шимъӯн, Левӣ, Яҳудо, Иссокор, Юсуф ва Биньёмин.
13 Ва инҳо бояд бар кӯҳи Эбол биистанд, то даме ки лаънат хонанд: Реубен, Ҷод, Ошер, Забулун, Дон ва Нафтолӣ.
14 Ва левизодагон хитоб намуда, ба ҳамаи исроилиён бо овози баланд хоҳанд гуфт:
15 „Малъун бод касе ки санаме ё буте аз маснӯи дасти ҳунарманд, ки он дар назари Худованд зишт аст, бисозад, ва онро пинҳон дорад!“ Ва тамоми қавм нидокунон хоҳанд гуфт: „Омин!“
16 „Малъун бод касе ки падару модари худро хорӣ диҳад!“ Ва тамоми қавм хоҳанд гуфт: „Омин!“
17 „Малъун бод касе ки марзаи ёри худро вайрон кунад!“ Ва тамоми қавм хоҳанд гуфт: „Омин!“
18 „Малъун бод касе ки нобиноеро дар роҳ ба иштибоҳ андозад!“ Ва тамоми қавм хоҳанд гуфт: „Омин!“
19 „Малъун бод касе ки дар доварии ғариб, ятим ва бева каҷкорӣ кунад!“ Ва тамоми қавм хоҳанд гуфт: „Омин!“
20 „Малъун бод касе ки бо зани падари худ бихобад, чунки домани падари худро ошкор кардааст!“ Ва тамоми қавм хоҳанд гуфт: „Омин!“
21 „Малъун бод касе ки бо ягон чорпо бихобад!“ Ва тамоми қавм хоҳанд гуфт: „Омин!“
22 „Малъун бод касе ки бо хоҳари худ, яъне бо духтари падари худ ё бо духтари модари худ, бихобад!“ Ва тамоми қавм хоҳанд гуфт: „Омин!“
23 „Малъун бод касе ки бо модарарӯси худ бихобад!“ Ва тамоми қавм хоҳанд гуфт: „Омин!“
24 „Малъун бод касе ки ёри худро дар пинҳонӣ бикушад!“ Ва тамоми қавм хоҳанд гуфт: „Омин!“
25 „Малъун бод касе ки ришва гирад, то ки ҷоне нобуд гардида, хунаш ба ноҳақ рехта шавад!“ Ва тамоми қавм хоҳанд гуфт: „Омин!“
26 „Малъун бод касе ки суханони ин шариатро ба ҷо наоварад ва бар тибқи онҳо амал накунад!“ Ва тамоми қавм хоҳанд гуфт: „Омин!“»
28БОБИ БИСТУ ҲАШТУМ
Ваъдаи баракат.
1 «Ва агар ту ба овози Худованд Худои худ бодиққат гӯш андозӣ, то ки тамоми аҳкоми Ӯро, ки имрӯз ман ба ту амр мефармоям, риоя намуда, ба амал оварӣ, он гоҳ Худованд Худоят туро бар ҳамаи халқҳои замин баланд хоҳад гардонид,
2 Ва ҳамаи ин баракатҳо ба ту хоҳад расид ва барои ту ба амал хоҳад омад, агар ту ба овози Худованд Худои худ гӯш андозӣ:
3 Дар шаҳр ту бобаракот хоҳӣ буд ва дар саҳро ту бобаракот хоҳӣ буд.
4 Меваи батни ту ва ҳосили замини ту ва самараи чорпоёни ту, зоиши говони ту ва афзоиши гӯсфандони ту бобаракот хоҳад буд.
5 Сабади ту ва корсони ту бобаракот хоҳад буд.
6 Ҳангоми даромадани худ ту бобаракот хоҳӣ буд ва ҳангоми баромадани худ ту бобаракот хоҳӣ буд.
7 Худованд душманони туро, ки ба зидди ту қиём менамоянд, пеши ту мағлуб хоҳад кард; бо як роҳ ба зидди ту хоҳанд омад, ва бо ҳафт роҳ аз пеши ту хоҳанд гурехт.
8 Худованд ба ту дар анборҳоят ва дар ҳар шуғли дастат баракат хоҳад фиристод, ва туро дар замине ки Худованд ба ту медиҳад, бобаракот хоҳад кард.
9 Худованд туро барои Худ қавми муқаддас хоҳад гардонид, чунон ки ба ту қасам хӯрдааст, агар аҳкоми Худованд Худои худро риоя намуда, бо роҳҳои Ӯ равона шавӣ.
10 Ва ҳамаи қавмҳои замин хоҳанд дид, ки исми Худованд бар ту хонда шудааст, ва аз ту хоҳанд тарсид.
11 Ва Худованд ба ту дар меваи батнат, ва дар самараи чорпоёнат, ва дар ҳосили заминат, дар замине ки Худованд ба падаронат қасам хӯрдааст, ки ба ту бидиҳад, фаровонии зиёде хоҳад бахшид.
12 Худованд барои ту ганҷинаи некӯи Худ, яъне осмонро воз хоҳад кард, то ки борони замини туро дар сари вақт биборонад ва ба ҳар шуғли дасти ту баракат диҳад, ва ту ба халқҳои бисьёр қарз хоҳӣ дод, вале худат қарз нахоҳӣ гирифт.
13 Ва Худованд туро сар хоҳад кард, на дум; ва фақат баланд хоҳӣ буд, на паст, — агар ту ба аҳкоми Худованд Худои худ, ки ман имрӯз ба ту амр мефармоям, гӯш андозӣ, ва онҳоро риоя намуда, ба ҷо оварӣ,
14 Ва аз ҳамаи суханоне ки ман имрӯз ба шумо амр мефармоям, ба тарафи рост ё чап майл накунӣ, то ки худоёни дигарро пайравӣ ва ибодат намоӣ.
Огоҳӣ аз лаънатҳо.
15 Валекин агар ба овози Худованд Худои худ гӯш наандозӣ, то ки тамоми аҳкому фароизи Ӯро, ки ман имрӯз ба ту амр мефармоям, риоя намуда ба амал оварӣ, — он гоҳ ҳамаи ин лаънатҳо ба ту хоҳад расид ва барои ту ба амал хоҳад омад:
16 Дар шаҳр ту малъун хоҳӣ буд ва дар саҳро ту малъун хоҳӣ буд.
17 Сабади ту ва корсони ту малъун хоҳад буд.
18 Меваи батни ту ва ҳосили замини ту, зоиши говони ту ва афзоиши гӯсфандони ту малъун хоҳад буд.
19 Ҳангоми даромадани худ ту малъун хоҳӣ буд, ва ҳангоми баромадани худ ту малъун хоҳӣ буд.
20 Худованд ба ту дар ҳар шуғли дастат, ки ба амал меоварӣ, лаънат, изтироб ва мусибат хоҳад фиристод, то даме ки маҳв шавӣ, ва то даме ки ба зудӣ нест шавӣ, аз боиси бадии аъмолат, аз боиси он ки Маро тарк кардаӣ.
21 Худованд ваборо ба ту хоҳад часпонид, то даме ки туро аз замине ки барои тасарруф кардани он ба он дохил мешавӣ, маҳв кунад.
22 Худованд туро ба сил, таб, илтиҳоб, окила, хушксолӣ, боди самум ва ярақон гирифтор хоҳад кард; ва онҳо туро таъқиб хоҳад кард, то даме ки маҳв шавӣ.
23 Ва осмони ту, ки болои сари туст, монанди мис хоҳад гардид, ва замине ки зери пои туст, — монанди оҳан.
24 Худованд борони заминатро ғубор ва хок хоҳад гардонид, ва он аз осмон бар ту фурӯд хоҳад омад, то даме ки несту нобуд шавӣ.
25 Худованд туро пеши душманонат мағлуб хоҳад кард; бо як роҳ ба зидди онҳо берун хоҳӣ рафт, ва бо ҳафт роҳ аз пеши онҳо хоҳӣ гурехт, ва барои ҳамаи мамлакатҳои замин ба даҳшате табдил хоҳӣ ёфт.
26 Ва лошаи ту барои ҳар мурғи ҳаво ва ҳайвони замин хӯрок хоҳад шуд, ва ҳеҷ кас онҳоро нахоҳад рамонид.
27 Худованд туро ба обилаи Миср, захми думбалдор, ҷараб ва хоришак гирифтор хоҳад кард, ки аз онҳо наметавонӣ шифо ёбӣ.
28 Худованд туро ба девонагӣ, кӯрӣ ва карахтӣ гирифтор хоҳад кард.
29 Ва мисли кӯре ки дар торикӣ даст‐даст карда роҳ меравад, ту дар нимирӯзӣ даст‐дасткунон роҳ хоҳӣ рафт, ва дар роҳҳои худ муваффақият нахоҳӣ ёфт, ва тамоми айём туро ба танг хоҳанд овард ва тороҷ хоҳанд кард, — ва наҷотдиҳандае нахоҳад буд.
30 Занеро номзад хоҳӣ кард, вале марди дигаре бо вай хоҳад хобид; хонае бино хоҳӣ кард, вале дар он сокин нахоҳӣ шуд; токзоре хоҳӣ шинонид, вале аз ангураш нахоҳӣ хӯрд.
31 Говатро дар пеши назарат хоҳанд кушт, вале аз гӯшти он нахоҳӣ хӯрд; харатро аз пеши ту ба тороҷ хоҳанд бурд, ва он назди ту нахоҳад баргашт; гӯсфандонат ба душманони ту дода хоҳад шуд, — ва наҷотдиҳандае барои ту нахоҳад буд.
32 Писаронат ва духтаронат ба қавми дигаре дода хоҳанд шуд, ва чашмонат инро хоҳад дид, ва тамоми айём ба раҳи онҳо чор хоҳад шуд, вале дидорашон барои ту дастрас нахоҳад буд.
33 Ҳосили заминат ва тамоми меҳнататро қавме ки ту намешинохтӣ, хоҳанд хӯрд; ва ту тамоми айём фақат мазлум ва ситамкаш хоҳӣ буд.
34 Ва ту аз он чи чашмонат мебинад, девона хоҳӣ шуд.
35 Худованд зонуҳо ва соқҳои туро ба обилаи бад гирифтор хоҳад кард, ки аз он, аз кафи пой то фарқи сари худ, шифо нахоҳӣ ёфт.
36 Худованд туро, ва подшоҳатро, ки бар худ таъин менамоӣ, сӯи халқе хоҳад бурд, ки варо ту ва падаронат намешинохтед; ва дар он ҷо ту худоёни дигарро, ки аз чӯб ва санг иборатанд, ибодат хоҳӣ кард.
37 Ва дар миёни қавмҳое ки Худованд туро ба он ҷо хоҳад бурд, ту василаи ҳайрат, масал ва тамасхур хоҳӣ гардид.
38 Тухмии зиёде ба саҳро хоҳӣ бурд, валекин андаке ҷамъ хоҳӣ кард, зеро ки малах онро хоҳад хӯрд.
39 Токзорҳо шинонида, парвариш хоҳӣ кард, вале шароб нахоҳӣ нӯшид ва ангур нахоҳӣ чид, зеро ки онро кирм хоҳад хӯрд.
40 Дарахтони зайтун дар тамоми ҳудуди ту хоҳад буд, вале равған ба баданат нахоҳӣ молид, зеро ки зайтуни ту норасида хоҳад рехт.
41 Писарон ва духтарон ба дуньё хоҳӣ овард, вале онҳо аз они ту нахоҳанд буд, зеро ки ба асирӣ хоҳанд рафт.
42 Ҳамаи дарахтонат ва маҳсули заминатро малах нобуд хоҳад кард.
43 Ғарибе ки дар миёни туст, бар ту торафт баланд хоҳад шуд, ва ту торафт ба паст хоҳӣ афтод.
44 Вай ба ту қарз хоҳад дод, вале ту ба вай қарз нахоҳӣ дод; вай сар хоҳад буд, вале ту дум хоҳӣ буд.
45 Ва ҳамаи ин лаънатҳо бар ту хоҳад омад, ва туро таъқиб намуда, ба ту хоҳад расид, то даме ки маҳв шавӣ, зеро ки ту ба овози Худованд Худои худ гӯш надодӣ, то ки аҳкому фароизи Ӯро, ки ба ту амр фармуда буд, риоя намоӣ;
46 Ва онҳо бар ту ва бар насли ту то абад аломат ва ибрат хоҳад буд.
47 Азбаски ту Худованд Худои худро бо шодӣ ва дилхушӣ барои фаровонии ҳар чиз ибодат накардӣ, —
48 Бинобар ин ту ба душмани худ, ки Худованд варо бар ту хоҳад фиристод, ба сабаби гуруснагӣ ва ташнагӣ ва бараҳнагӣ ва камии ҳар чиз хизмат хоҳӣ кард, дар сурате ки вай юғи оҳанин бар гардани ту хоҳад гузошт, то даме ки туро несту нобуд кунад.
49 Худованд аз дурдаст, аз ақсои замин халқеро, ки мисли уқоб мепарад, бар ту хоҳад овард, — халқе ки забонашро ту нахоҳӣ фаҳмид,
50 Халқи рӯйнатане ки поси хотири пиронро нигоҳ намедорад, ва ба ҷавонон раҳм намекунад;
51 Ва самараи чорпоёнат ва ҳосили заминатро хоҳад хӯрд, то даме ки хонавайрон шавӣ, ба тавре ки ғалла, шираи ангур, равғани зайтун, зоиши говонат ва афзоиши гӯсфандонатро барои ту боқӣ нахоҳад гузошт, то даме ки туро маҳв созад;
52 Ва туро дар ҳамаи шаҳрҳоят муҳосира хоҳад кард, то даме ки деворҳои баланд ва мустаҳками туро, ки ба онҳо таваккал менамоӣ, дар тамоми заминат хароб кунад; ва туро дар тамоми шаҳрҳоят, дар тамоми заминат, ки онро Худованд Худоят ба ту медиҳад, муҳосира хоҳад кард.
53 Ва ту меваи батни худро, яъне гӯшти писаронат ва духтаронатро, ки Худованд Худоят ба ту додааст, дар муҳосира ва тангие ки душманат бар ту оварад, хоҳӣ хӯрд.
54 Марди нозпарварде ки дар миёни ту ба айшу ишрат одат карда буд, чашмаш ба бародараш ва зани ҳамоғӯшаш ва бақияи фарзандонаш, ки боқӣ мемонанд, бад хоҳад шуд,
55 Ба тавре ки вай ба ҳеҷ яке аз онҳо аз гӯшти фарзандони худ, ки мехӯрад, нахоҳад дод, зеро дар муҳосира ва тангие ки душманат дар ҳамаи шаҳрҳоят бар ту оварад, чизе барои вай боқӣ нахоҳад монд.
56 Зани нозпарварде ки дар миёни ту ба айшу ишрат одат карда буд, ва ба сабаби айшу ишрат ва нозпарвардагӣ ҷуръат надошт кафи пояшро ба замин монад, чашмаш ба шавҳари ҳамоғӯшаш ва писараш ва духтараш бад хоҳад шуд,
57 Ва низ ба ҳамроҳаке ки аз миёни пойҳояш берун меояд, ва ба писароне ки мезояд; зеро ки вай онҳоро, ба сабаби камии ҳар чиз, дар муҳосира ва тангие ки душманат дар шаҳрҳои ту бар ту оварад, ба таври пинҳонӣ хоҳад хӯрд.
58 Агар ҳамаи суханони ин шариатро, ки дар ин китоб навишта шудааст, риоя намуда ба амал наоварӣ, ва аз ин исми арҷманд ва саҳмгин, яъне аз Худованд Худои худ натарсӣ, —
59 Худованд ба ту ва ба насли ту зарбаҳои даҳшатангез хоҳад расонид, зарбаҳои азим ва давомдор, ва бемориҳои сахт ва давомдор;
60 Ва ҳамаи дардҳои Мисрро, ки аз онҳо метарсидӣ, ба сари ту хоҳад овард, ва онҳо ба ту хоҳад часпид.
61 Низ ҳар беморӣ ва зарбаеро, ки дар ин китоби шариат навишта нашудааст, Худованд ба сари ту хоҳад овард, то даме ки маҳв шавӣ.
62 Ва аз шумо шумораи каме боқӣ хоҳанд монд, ва ҳол он ки шумо мисли ситорагони осмон сершумор будед; зеро ки ту ба овози Худованд Худои худ гӯш надодӣ.
Дар натиҷаи беитоатии бардавом дар рӯи замин пароканда хоҳед шуд.
63 Ва чунин воқеъ хоҳад шуд, ки чӣ тавре ки Худованд шодикунон ба шумо эҳсон намуда, шуморо афзун гардонида буд, ҳамон тавр Худованд шодикунон шуморо несту нобуд хоҳад кард, ва шумо аз замине ки барои тасарруф кардани он ба он дохил мешавед, ронда хоҳед шуд.
64 Ва Худованд туро дар миёни ҳамаи қавмҳо, аз як канори замин то канори дигари замин, пароканда хоҳад кард; ва дар он ҷо ту худоёни дигарро, ки аз чӯб ва санг иборатанд, ва онҳоро ту ва падаронат намешинохтед, ибодат хоҳӣ кард.
65 Ва дар миёни он халқҳо ту фароғат нахоҳӣ ёфт, ва барои кафи поят оромӣ нахоҳад буд, ва дар он ҷо Худованд ба ту дили беқарор ва чашмони чор ва ҷони пурозор хоҳад дод.
66 Ва ҳаёти ту пеши назари ту ба мӯе овезон хоҳад буд, ва ту рӯзонаю шабона ҳаросон шуда, ба ҳаёти худ дилпурӣ нахоҳӣ дошт.
67 Субҳгоҳон хоҳӣ гуфт: „Кошки шом мебуд!“, ва шомгоҳон хоҳӣ гуфт: „Кошки субҳ мебуд!“ — ба сабаби тарси дили худ, ки туро фаро хоҳад гирифт, ва ба сабаби рӯъёи чашмони худ, ки ту хоҳӣ дид.
68 Ва туро Худованд дар киштиҳо бо роҳе ки дар бораи он ба ту гуфта будам: „Дигар ҳаргиз нахоҳед дид“, ба Миср хоҳад баргардонид; ва шумо дар он ҷо худро ба душманони худ барои ғуломӣ ва канизӣ хоҳед фурӯхт, вале харидоре нахоҳад буд».
29БОБИ БИСТУ НӮҲУМ
Аз нав барқарор кардани аҳд.
1 Ин аст суханони аҳде ки Худованд ба Мусо амр фармуд, ки бо банӣ‐Исроил дар замини Мӯоб бибандад, ғайр аз он аҳде ки бо онҳо дар Ҳӯриб баста буд.
2 Ва Мусо тамоми Исроилро хонда, ба онҳо гуфт: «Ҳар он чиро, ки Худованд пеши назари шумо дар замини Миср ба фиръавн ва ҳамаи бандагонаш ва тамоми заминаш ба амал овард, шумо дидаед:
3 Он имтиҳонҳои бузургро, ки чашмони шумо дид, он аломот ва мӯъҷизоти азимро;
4 Валекин Худованд диле барои донистан ва чашмон барои дидан ва гӯшҳо барои шунидан то имрӯз ба шумо надодааст.
5 Ва ман шуморо чил сол дар биёбон бурдам; либоси шумо бар танатон ҷиғда‐ҷиғда нашуд, ва кафшатон бар поятон пора нашуд.
6 Нон нахӯрдед ва бӯза нанӯшидед, то бидонед, ки Ман Худованд Худои шумо ҳастам.
7 Ва ба ин макон расидед, ва Сиҳӯн, подшоҳи Ҳешбӯн, ва Ӯҷ, подшоҳи Бошон, ба истиқболи мо барои ҷанг берун омаданд, ва мо онҳоро торумор кардем.
8 Ва замини онҳоро гирифта, ба реубениён ва ҷодиён ва нисфи сибти менашшеиён ҳамчун мулк додем.
9 Пас, суханони ин аҳдро риоя намоед ва онҳоро ба ҷо оваред, то ки дар ҳар чи мекунед, муваффақият ба даст оваред.
10 Имрӯз ҳамаи шумо ба ҳузури Худованд Худои худ истодаед, яъне сардорони шумо, сибтҳои шумо, пирони шумо ва нозирони шумо, ҳамаи мардони Исроил,
11 Кӯдакони шумо, занони шумо, ва ғарибе ки андаруни ӯрдугоҳи шумост, аз ҳезумкафони ту гирифта то машкоби ту, —
12 То ки ба аҳди Худованд Худои худ ва ба савгандномаи Ӯ, ки Худованд Худоят имрӯз бо ту мебандад, дохил шавӣ,
13 То ки Ӯ туро имрӯз қавми Худ таъин намояд, ва Ӯ Худои ту бошад, чунон ки Ӯ ба ту гуфтааст, ва чунон ки ба падаронат Иброҳим, Исҳоқ ва Яъқуб қасам хӯрдааст.
14 Ва на танҳо бо шумо ман ин аҳд ва ин савгандномаро мебандам,
15 Балки ҳам бо онҳое ки имрӯз ҳамроҳи мо ба ҳузури Худованд Худои мо истодаанд, ва ҳам бо онҳое ки имрӯз дар ин чо ҳамроҳи мо нестанд.
16 Зеро шумо медонед, ки чӣ гуна мо дар замини Миср умр ба сар мебурдем, ва чи гуна мо аз миёни халқҳое ки шумо убур намудед, гузаштем.
17 Ва шумо қабоҳатҳо ва бутҳои онҳоро, ки иборат аз чӯб ва санг, ва нуқра ва тилло дар миёни онҳо буд, дидед.
18 Мабодо дар миёни шумо мард ё зан, ё қабила ё сибте бошад, ки дилаш имрӯз аз Худованд Худои мо гардад, то ки рафта, худоёни он халқҳоро ибодат намояд; мабодо дар миёни шумо решае бошад, ки заҳр ва явшон ба вуҷуд оварад, —
19 Ва ҳангоме ки вай суханони ин савгандномаро бишнавад, дар дили худ худро баракат дода, гӯяд: „Бо вуҷуди он ки дар сахтии дили худ рафтор менамоям, то ки сероб ва ташнаро якҷоя нобуд кунам, ман саломат хоҳам монд“, —
20 Худованд варо нахоҳад омурзид, балки он вақт ғазаби Худованд ва рашки Ӯ бар он кас аланга хоҳад зад, ва тамоми лаънате ки дар ин китоб навишта шудааст, ба сари вай хоҳад омад, ва Худованд номи варо аз зери осмон маҳв хоҳад кард;
21 Ва Худованд варо аз ҳамаи сибтҳои Исроил барои ҳалокат ҷудо хоҳад кард, бар тибқи ҳамаи лаънатҳои аҳде ки дар ин китоби шариат навишта шудааст.
22 Ва насли баъдина, яъне фарзандони шумо, ки баъд аз шумо пайдо хоҳанд шуд, ва аҷнабиёне ки аз замини дурдаст хоҳанд омад, ҳангоме ки мусибатҳои ин замин ва вабоҳоеро, ки Худованд ба сари он меоварад, бубинанд, хоҳанд гуфт:
23 „Тамоми замин сӯхта, ба кибрит ва шӯра табдил ёфтааст, кишт карда намешавад, ва ҳосиле намерӯёнад, ва ҳеҷ як алафе дар он намесабзад, монанди табаддулоти Садӯм ва Амӯро, Адмо ва Сабӯим, ки онҳоро Худованд дар хашм ва ғазаби худ вожгун карда буд“.
24 Ва ҳамаи халқҳо хоҳанд гуфт: „Аз чӣ сабаб Худованд ба ин замин чунин амал кардааст? Шиддати ин ғазаби азим аз чӣ сабаб аст?“
25 Ва хоҳанд гуфт: „Аз он сабаб аст, ки онҳо аҳди Худованд Худои падарони худро, ки дар вақти берун овардани онҳо аз замини Миср бо онҳо баста буд, тарк карданд,
26 Ва рафта, худоёни дигарро ибодат карданд ва ба онҳо саҷда бурданд, — худоёнеро, ки намешинохтанд, ва Ӯ насибаи онҳо нагардонида буд;
27 Бинобар ин хашми Худованд бар ин замин аланга зад, ва Ӯ тамоми лаънатеро, ки дар ин китоб навишта шудаст, бар он овард;
28 Ва Худованд онҳоро бо ғазаб ва хашм ва қаҳри азим аз заминашон решакан карда, ба замини дигаре партофт, чунон ки имрӯз воқеъ шудааст“.
29 Чизҳои ниҳонӣ аз они Худованд Худои мост, ва чизҳои ошкор то абад аз они мо ва фарзандони мост, то ки ҳамаи суханони ин шариатро ба амал оварем.
30БОБИ СИЮМ
Мусо ба тавбакунандагон эҳсон ваъда медиҳад.
1 Ва ҳангоме ки ҳамаи ин суханон, яъне баракат ва лаънате ки ба ту пешниҳод намудам, ба сари ту ояд, ва ту онҳоро дар миёни ҳамаи халқҳое ки туро Худованд Худоят ба он ҷо пароканда созад, дар дили худ ҷой диҳӣ,
2 Ва сӯи Худованд Худои худ руҷӯъ намоӣ, ва ту ҳамроҳи фарзандонат, мувофиқи ҳар он чи ман имрӯз ба ту амр мефармоям, бо тамоми дили худ ва бо тамоми ҷони худ ба овози Ӯ гӯш андозӣ, —
3 Он гоҳ Худованд Худоят асирони туро хоҳад баргардонид, ва ба ту раҳм хоҳад намуд, ва аз нав туро аз миёни ҳамаи қавмҳое ки Худованд Худоят туро ба он ҷо пароканда созад, ҷамъ хоҳад кард.
4 Ҳатто агар парокандагии ту то ақсои осмон бошад, аз он ҷо туро Худованд Худоят ҷамъ хоҳад кард ва аз он ҷо туро хоҳад гирифт,
5 Ва туро Худованд Худоят ба замине ки падаронат тасарруф карда буданд, хоҳад овард, ва ту онро тасарруф хоҳӣ кард, ва Ӯ ба ту марҳамат намуда, туро бештар аз падаронат афзун хоҳад гардонид.
6 Ва Худованд Худоят дили ту ва дили насли туро махтун хоҳад кард, то ки Худованд Худои худро бо тамоми дили худ ва бо тамоми ҷони худ дӯст дошта, зинда бимонӣ.
7 Ва Худованд Худоят ҳамаи ин лаънатҳоро бар сари душманон ва бадхоҳони ту, ки туро таъқиб мекарданд, хоҳад овард.
8 Ва ту баргашта, ба овози Худованд гӯш хоҳӣ дод, ва тамоми аҳкоми Ӯро, ки ман имрӯз ба ту амр мефармоям, ба амал хоҳӣ овард.
9 Ва Худованд Худоят ба ту дар ҳар амали дастат, дар меваи батнат, ва дар зоиши чорпоёнат, ва дар ҳосили заминат ба некӯӣ комьёбии зиёде хоҳад бахшид, зеро Худованд аз нав дар бораи ту ба некӯӣ шодӣ хоҳад кард, чунон ки дар бораи падаронат шодӣ мекард,
10 Агар ту ба овози Худованд Худои худ гӯш андохта, аҳком ва фароизи Ӯро, ки дар ин китоби шариат навишта шудааст, риоя намоӣ, ва агар ту бо тамоми дили худ ва бо тамоми ҷони худ сӯи Худованд Худои худ баргардӣ.
Огоҳии охирин.
11 Зеро ки аҳкоме ки ман имрӯз ба ту амр мефармоям, барои ту дастнорас нест, ва дур нест.
12 Он дар осмон нест, ки бигӯӣ: „Кист, ки барои мо ба осмон сууд намуда, онро барои мо бигирад, ва онро ба мо бишнавонад, то ки онро ба амал оварем?“
13 Ва он дар он тарафи баҳр нест, ки бигӯӣ: „Кист, ки барои мо ба он тарафи баҳр убур намуда, онро барои мо бигирад, ва онро ба мо бишнавонад, то ки онро ба амал оварем?“
14 Балки ин чиз бағоят ба ту наздик аст, он дар даҳон ва дили туст, то ки онро ба амал оварӣ.
15 Инак, ман имрӯз ба ту ҳаёт ва некӯӣ, ва мамот ва бадиро пешниҳод кардам,
16 Ва ман имрӯз ба ту амр мефармоям, ки Худованд Худои худро дӯст бидорӣ, бо роҳҳои Ӯ равона шавӣ, ва аҳком ва фароиз ва дастуроти Ӯро риоя намоӣ, то ки зинда монда афзун шавӣ, ва туро Худованд Худоят дар замине ки барои тасарруф кардани он ба он дохил мешавӣ, баракат диҳад.
17 Валекин агар дили ту гардад, ва ту гӯш надиҳӣ, ва гумроҳ шуда, ба худоёни дигар саҷда барӣ ва онҳоро ибодат намоӣ, —
18 Пас, имрӯз ман шуморо огоҳ мекунам, ки ҳатман талаф хоҳед шуд, ва дар замине ки аз Урдун убур карда, ба он дохил мешавед, то ки онро тасарруф намоед, умри дароз нахоҳед дид.
19 Имрӯз осмон ва заминро ман пеши шумо ба шоҳидӣ даъват менамоям, ки ҳаёт ва мамотро, яъне баракат ва лаънатро ба шумо пешниҳод кардам; пас, ҳаётро ихтиёр намо, то ки ту бо насли худ зинда бимонӣ,
20 Худованд Худои худро дӯст бидорӣ, ба овози Ӯ гӯш диҳӣ ва ба Ӯ бичаспӣ, зеро ки Ӯ ҳаёти ту ва дарозии умри туст, то ки ту дар замине ки худованд ба падаронат Иброҳим, Исҳоқ ва Яъқуб қасам хӯрдааст, ки онро ба онҳо бидиҳад, сукунат намоӣ».
31БОБИ СИЮ ЯКУМ
Мусо ба коҳинон, левизодагон ва Еҳушаъ ибни Нун дастуроти охирин медиҳад.
1 Ва Мусо рафта, ин суханонро ба тамоми банӣ‐Исроил баён кард,
2 Ва ба онҳо гуфт: «Ман имрӯз саду бистсола шудаам, дигар ёрои баромадан ва даромадан надорам, ва Худованд ба ман гуфтааст: „Ту аз ин Урдун убур нахоҳӣ кард“.
3 Худованд Худоят Худаш пешопеши ту убур хоҳад намуд, Худаш ин халқҳоро аз пеши ту маҳв хоҳад кард, то ки ту онҳоро зердаст намоӣ; Еҳушаъ пешопеши ту убур хоҳад намуд, чунон ки Худованд гуфтааст.
4 Ва Худованд ба онҳо ончунон амал хоҳад кард, чунон ки ба Сиҳӯн ва Ӯҷ, подшоҳони амӯриён, ва ба замини онҳо амал карда, онҳоро маҳв намуд.
5 Ва Худованд онҳоро ба дасти шумо хоҳад супурд, ва шумо ба онҳо мувофиқи тамоми аҳкоме ки ман ба шумо амр фармудаам, амал намоед.
6 Кавӣ ва далер бошед, аз онҳо натарсед ва ҳаросон нашавед, зеро ки Худованд Худоят Худаш бо ту меравад; Ӯ аз ту даст нахоҳад кашид ва туро тарк нахоҳад кард».
7 Ва Мусо Еҳушаъро хонда, пеши назари тамоми Исроил ба вай гуфт: «Қавӣ ва далер бош, зеро ки ту бо ин қавм ба замине ки Худованд ба падаронашон қасам хӯрдааст, ки ба онҳо бидиҳад, дохил хоҳӣ шуд, ва ту онро ба онҳо ҳамчун мулк тақсим хоҳӣ кард.
8 Ва Худованд Худаш пешопеши ту меравад, Ӯ бо ту хоҳад буд, аз ту даст нахоҳад кашид ва туро тарк нахоҳад кард; натарс ва ҳаросон нашав».
9 Ва Мусо ин шариатро навишт, ва онро ба коҳинони банӣ‐Левӣ, ки сандуқи аҳди Худовандро мебардоштанд, ва ба пирони Исроил дод.
10 Ва Мусо ба онҳо амр фармуда, гуфт: «Дар соли ҳафтум, дар вақти соли муоф, дар иди хаймаҳо,
11 Ҳангоме ки тамоми Исроил биёянд, то ки ба ҳузури Худованд Худои ту дар маконе ки Ӯ баргузинад, ҳозир шаванд, ин шариатро пеши тамоми Исроил хонда, ба самъи онҳо бирасон.
12 Қавмро — мардон ва занон ва кӯдакон, ва ғарибонеро, ки дар шаҳрҳои ту мебошанд, — ҷамъ кун, то ки бишнаванд ва таълим гиранд ва аз Худованд Худои шумо битарсанд, ва ҳамаи суханони ин шариатро риоя намуда, ба амал оваранд.
13 Ва писарони онҳо, ки инро намедонанд, бишнаванд ва таълим гиранд, то ки аз Худованд Худои шумо битарсанд, дар тамоми айёме ки шумо дар замине ки барои тасарруф кардани он аз Урдун убур менамоед, умр ба сар хоҳед бурд».
Дастуроти Худованд ба Мусо ва Еҳушаъ ибни Нун.
14 Ва Худованд ба Мусо гуфт: «Инак, айёми мурдани ту наздик аст; Еҳушаъро бихон, ва дар хаймаи ҷомеъ ҳозир шавед, то ки ба вай дастурот диҳам». Ва Мусо ва Еҳушаъ рафта, дар хаймаи ҷомеъ ҳозир шуданд.
15 Ва Худованд андаруни сутуни абр дар хайма зоҳир шуд; ва сутуни абр бар дари хайма истод.
16 Ва Худованд ба Мусо гуфт: «Инак, ту бо падаронат мехобӣ, ва ин кавм бархоста, худоёни бегонаи заминеро, ки ба он ҷо дар миёни онҳо мераванд, зинокорона пайравӣ хоҳанд намуд, ва Маро тарк карда, аҳдеро ки бо онҳо бастаам, хоҳанд шикаст;
17 Ва ғазаби Ман бар онҳо дар он рӯз аланга зада, онҳоро тарк хоҳам кард, ва рӯи Худро аз онҳо пинҳон хоҳам дошт, ва онҳо талаф хоҳанд шуд, ва бадиҳо ва кулфатҳои зиёде ба сари онҳо хоҳад омад; ва дар он рӯз онҳо хоҳанд гуфт: „Азбаски Худои мо дар миёни мо нест, ин бадиҳо ба сари мо омадааст“.
18 Вале Ман рӯи Худро дар он рӯз албатта пинҳон хоҳам дошт, ба сабаби тамоми бадие ки онҳо ба амал оварданд, вақте ки ба худоёни дигар руҷӯъ карданд.
19 Ва алҳол ин сурудро барои худ бинависед, ва ту онро ба банӣ‐Исроил таълим дода, дар даҳонашон бимон, то ки ин суруд барои Ман шаҳодате бар банӣ‐Исроил бошад,
20 Зеро ки Ман онҳоро, чунон ки ба падаронашон қасам хӯрдаам, ба замине дохил мекунам, ки шир ва асал дар он ҷорист, ва онҳо хӯрда, сер ва фарбеҳ хоҳанд шуд, ва ба худоёни дигар руҷӯъ намуда, онҳоро ибодат хоҳанд кард, ва Маро ба хашм оварда, аҳди Маро хоҳанд шикаст.
21 Ва ҳангоме ки бадиҳо ва кулфатҳои зиёд ба сари онҳо биёяд, ин суруд мисли шаҳодате бар онҳо гувоҳӣ хоҳад дод, зеро ки он аз даҳони насли онҳо фаромӯш нахоҳад шуд; чунки Ман иштиёқи онҳо, ва он чиро, ки онҳо имрӯз мекунанд, медонам, пеш аз он ки онҳоро ба замине ки дар бораи он қасам хӯрдаам, дохил кунам».
22 Ва Мусо ин сурудро дар он рӯз навишт, ва онро ба банӣ‐Исроил таълим дод.
23 Ва Худованд ба Еҳушаъ ибни Нун амр фармуда, гуфт: «Қавӣ ва далер бош, зеро ки ту банӣ‐Исроилро ба замине ки дар бораи он ба онҳо қасам хӯрдаам, дохил хоҳӣ кард, ва Ман бо ту хоҳам буд».
24 Ва ҳангоме ки Мусо навиштани суханони ин шариатро дар китоб комилан ба анҷом расонид,
25 Мусо ба левизодагоне ки сандуқи аҳди Худовандро мебардоштанд, амр фармуда, гуфт:
26 «Ин китоби шариатро бигиред, ва онро дар паҳлуи сандуқи аҳди Худованд Худои худ бимонед, то ки он дар он ҷо шаҳодате бар ту бошад.
27 Зеро ки ман балвогарӣ ва гарданкашии туро медонам; инак, имрӯз, ки ман ҳанӯз бо шумо зинда ҳастам, шумо ба Худованд балво мебардоштед; алалхусус баъд аз мурдани ман!
28 Ҳамаи пирони сибтҳои худ ва нозирони худро назди ман ҷамъ кунед, то ки ин суханонро ба самъи онҳо бирасонам, ва осмону заминро бар онҳо барои шоҳидӣ даъват намоям.
29 Зеро медонам, ки шумо, баъд аз мурдани ман тамоман фосид гардида, аз роҳе ки ба шумо амр фармудаам, дур хоҳед шуд, ва дар охири айём бадӣ бар шумо хоҳад омад, зеро ки он чи дар назари Худованд бад аст, ба амал хоҳед овард, то ки Ӯ ро бо аъмоли дасти худ ба хашм оваред».
30 Ва Мусо суханони ин сурудро, то ба охири онҳо, ба самъи тамоми ҷамоати Исроил ба забон ронд:
32БОБИ СИЮ ДУЮМ
Суруди Мусо.
1 «Гӯш андоз, эй осмон, ки ман сухан хоҳам ронд,
ва бигзор замин нутқи даҳонамро бишнавад.
2 Сабақи ман мисли борон хоҳад борид,
нутқи ман мисли шабнам хоҳад рехт,
мисли қатраҳои борони маҳин бар майсазор,
ва мисли борони сел бар алафзор.
3 Исми Худовандро ба забон хоҳам ронд;
кибриёи Худои моро мадҳ кунед.
4 Ӯ Кӯҳпора аст, амалиёти Ӯ комил аст,
зеро ки ҳамаи роҳҳои Ӯ одилона аст;
Ӯ Худои амин аст ва ноинсофӣ надорад,
Ӯ одил ва ҳаққонист.
5 Онҳо фосид шудаанд;
аз боиси нуқсони худ фарзандони Ӯ нестанд;
насли саркаш ва каҷкоранд.
6 Оё подоши шумо барои Худованд ҳамин аст, эй қавми разил ва беақл?
Ӯ, охир, падари туст, молики туст,
Ӯ туро офарид ва туро устувор кард.
7 Айёми қадимро ба ёд овар,
дар бораи солҳои наслҳои пешина мулоҳиза намо;
аз падари худ бипурс, ва ӯ ба ту ҳикоят хоҳад кард;
аз пирони худ бипурс, ва онҳо ба ту хоҳанд гуфт.
8 Ҳангоме ки Ҳаққи Таоло ба халқҳо амлок дод,
ҳангоме ки Ӯ банӣ‐Одамро пароканда кард,
Ӯ ҳудуди қавмҳоро мувофиқи шумораи банӣ‐Исроил муқаррар намуд.
9 Зеро ки насибаи Худованд қавми Ӯст;
Яъқуб қитъаи мероси Ӯст.
10 Варо дар биёбон ёфт, дар замини халои пур аз уллос;
варо пуштибонӣ намуд, ба вай назорат кард,
варо ҳамчун гавҳараки чашми Худ нигоҳ дошт.
11 Чунон ки уқоб аҳли лонаи худро бедор карда,
бар чӯҷаҳои худ мепарад,
ва болҳои худро паҳн карда, онҳоро мегирад,
ва бар болу пари худ бардошта мебарад,
12 Ончунон Худованд танҳо варо ҳидоят намуд,
ва худои бегонае бо вай набуд.
13 Варо Ӯ бар баландиҳои замин баровард,
то ки аз маҳсулоти саҳроҳо бихӯрад,
варо асал аз сахра хӯронид,
ва равған аз санги хоро,
14 Ва маскаи гов, ва шири гӯсфанд,
ва равғани барраҳо ва қӯчқорҳои бошонӣ ва бузҳо,
ва гули орди гандуми гузин;
ва ту хуни раз, ки шароби фашшосӣ буд, нӯшидӣ.
15 Вале Ешурун+ 32:15 Ешурун — лақаби қавми Исроил. фарбеҳ шуда, ба лагад задан даромад;
ту фарбеҳ, ғафс ва тануманд шудаӣ; —
ва Худоро, ки Офаринандаи вай аст, тарк кард,
ва Кӯҳпораи наҷоти худро хорӣ дод.
16 Бо худоёни ғайр онҳо рашки Ӯро оварданд,
бо корҳои зишт Ӯро хашмгин карданд.
17 Ба девҳо, на ин ки ба Худо, қурбонӣ карданд,
ба худоёне ки намешинохтанд,
ба худоёни наве ки ба қарибӣ пайдо шуда буданд,
ва падаронатон аз онҳо наметарсиданд.
18 Ба Кӯҳпорае ки туро ба дуньё овард, беэътиноӣ кардӣ,
ва Худои Офаринандаи худро аз хотир баровардӣ.
19 Ва Худованд инро дида, дарғазаб шуд,
чунки писаронаш ва духтаронаш Ӯро ба хашм оварданд.
20 Ва гуфт: „Рӯи Худро аз онҳо пинҳон хоҳам дошт,
то бубинам, ки оқибати онҳо чӣ хоҳад буд;
зеро ки онҳо насли ҳардамхаёланд,
фарзандонеанд, ки амин нестанд.
21 Онҳо бо он чи худо нест, рашки Маро оварданд,
бо чизҳои ҳеҷу пучи худ Маро хашмгин карданд;
пас, Ман бо он чи қавм нест, рашки онҳоро хоҳам овард,
бо халқи разиле онҳоро хашмгин хоҳам кард.
22 Зеро ки оташи ғазаби Ман аланга задааст,
ва то асфалуссофилин фурӯзон шудааст,
ва заминро бо ҳосили он фурӯ мебарад,
ва асоси кӯҳҳоро месӯзонад.
23 Бар онҳо мусибатҳоро ҷамъ хоҳам овард,
тирҳои Худро бар онҳо тамом хоҳам кард:
24 Аз гуруснагӣ беҳол, ва аз таб ва тоуни сахт нобуд хоҳанд шуд;
дандони даррандагон ва заҳри ҳазандагони рӯи заминро бар онҳо хоҳам фиристод.
25 Аз берун онҳоро шамшер талаф хоҳад кард,
ва аз даруни хонаҳо — даҳшат:
ҳам ҷавонон, ҳам дӯшизагон,
ҳам ширхорагон ва ҳам мӯйсафедонро.
26 Мегуфтам: онҳоро ба ҳар ҷониб пароканда хоҳам кард,
зикрашонро аз миёни мардум маҳв хоҳам сохт, —
27 Агар аз хашми душман хавотир намедоштам,
ки мабодо бадхоҳони онҳо ғалат таъбир карда,
бигӯянд: дасти мо боло шуд,
ва Худованд ҳамаи инро накардааст“.
28 Зеро ки онҳо халқи бемулоҳизаанд,
ва фаҳме надоранд.
29 Кошки соҳибақл буда, дар ин хусус мулоҳиза мекарданд
ва чигунагии оқибати худро мефаҳмиданд:
30 Чӣ гуна як нафар ҳазор нафарро таъқиб менамуд,
ва ду нафар як беварро мегурезонид,
агар Кӯҳпораашон онҳоро таслим намекард,
ва Худованд онҳоро намесупурд?
31 Зеро ки кӯҳпораи онҳо мисли Кӯҳпораи мо нест;
ва душманони мо пеши доварон мулзам хоҳанд шуд.
32 Зеро ки токи онҳо аз токҳои Садӯм аст,
ва аз саҳроҳои Амӯро;
ангури онҳо ангури заҳрдор аст,
хӯшаҳояш талх аст;
33 Шароби онҳо кафки даҳони аждаҳост,
ва заҳри қотили морони афъӣ.
34 Ин, охир, назди Ман пӯшида аст,
дар ганҷинаҳои Ман ниҳон аст;
35 Интиқом ва подош назди Ман аст,
вақте ки пои онҳо билағжад;
зеро ки рӯзи ҳалокати онҳо наздик аст,
ва шикасти ояндаи онҳо ба зудӣ фаро хоҳад расид.
36 Зеро ки Худованд доди қавми Худро хоҳад ситонид,
ва бар бандагони Худ шафқат хоҳад кард,
чун бубинад, ки онҳо аз ҳол рафтаанд,
ва ҳеҷ кас — на ғуломе,
на озоде — боқӣ намондааст.
37 Ва Ӯ хоҳад гуфт: „Куҷоянд худоёни онҳо,
ва кӯҳпорае ки таваккал ба он мекарданд,
38 Яъне худоёне ки чарбуи қурбониҳои онҳоро мехӯрданд,
ва шароби ҳадияҳои рехтании онҳоро менӯшиданд?
Бигзор онҳо бархоста, ба шумо мадад расонанд,
бигзор онҳо барои шумо паноҳгоҳ шаванд!
39 Пас, алҳол бубинед, ки Ӯ — Ман ҳастам, Ман;
ва ғайр аз Ман худое нест;
Ман мемиронам ва зинда мекунам,
Ман маҷрӯҳ менамоям ва шифо медиҳам,
ва касе наметавонад аз дасти Ман раҳо кунад.
40 Инак, дасти Худро сӯи осмон баланд мекунам,
ва мегӯям: Ман то абад зинда ҳастам!
41 Вақте ки шамшери барроқи Худро тез кунам,
ва дасти Ман ба доварӣ шурӯъ намояд,
он гоҳ аз душманони Худ интиқом хоҳам гирифт,
ва ба бадхоҳони Худ подош хоҳам дод.
42 Тирҳои Худро аз хун маст хоҳам кард,
ва шамшери Ман гӯшт хоҳад хӯрд, —
аз хуни мақтулон ва асирон,
аз каллаҳои кафидаи душманон“.
43 Эй халқҳо, бо қавми Ӯ хушнӯд шавед!
Зеро ки Ӯ барои хуни бандагони Худ интиқом хоҳад гирифт,
ва бо интиқом ба душманони Худ подош хоҳад дод,
ва замини Худ ва қавми Худро кафорат хоҳад кард».
44 Ва Мусо омада, ҳамаи суханони ин сурудро ба самъи қавм ба забон ронд, — ӯ ва Еҳушаъ ибни Нун.
Мусо ба қавм муроҷиат мекунад.
45 Ва ҳангоме ки Мусо ба забон рондани ҳамаи ин суханонро ба тамоми Исроил ба анҷом расонид,
46 Ба онҳо гуфт: «Ба ҳамаи суханоне ки ман имрӯз ба шумо талқин менамоям, диққат диҳед, то ба фарзандони худ амр фармоед, ки ҳамаи суханони ин шариатро риоя намуда, ба амал оваранд.
47 Зеро ки ин барои шумо як чизи хушкухолӣ нест, зеро ки ин ҳаёти шумост, ва ба воситаи он шумо умри худро дар замине ки барои тасарруф кардани он аз Урдун убур менамоед, дароз хоҳед кард».
48 Ва Худованд дар ҳамон рӯз ба Мусо сухан ронда, гуфт:
49 «Ба ин кӯҳи Аборим, яъне кӯҳи Набӯ, ки дар замини Мӯоб, дар рӯ ба рӯи Ериҳӯ воқеъ аст, баро, ва ба замини Канъон, ки Ман онро ба банӣ‐Исроил ҳамчун мулк медиҳам, назар андоз.
50 Ва ту дар кӯҳе ки ба он мебароӣ, бимир, ва ба қавми худ пайваст шав, чунон ки бародарат Хорун дар кӯҳи Хӯр мурда, ба қавми худ пайваст шуд,
51 Аз боиси он ки шумо андаруни банӣ‐Исроил, назди обҳои Мерибо, дар биёбони Син ба ман имон наовардед; аз боиси он ки шумо Маро андаруни банӣ‐Исроил тақдис накардед.
52 Пас, ту аз дур ин заминро хоҳӣ дид, вале ба он ҷо, ба замине ки Ман ба банӣ‐Исроил медиҳам, дохил нахоҳӣ шуд».
33БОБИ СИЮ СЕЮМ
Баракати сибтҳои Исроил.
1 Ва ин аст баракате ки Мусо, марди Худо, пеш аз фавти худ бо он банӣ‐Исроилро баракат дод,
2 Ва гуфт:
«Худованд аз Сино омад,
ва аз Сеир бар онҳо тулӯъ кард,
аз кӯҳи Форон зоҳир шуд,
ва аз миёни беварҳои муқаддасон падид омад;
аз ямини Ӯ оташи шариат барои онҳо фурӯзон буд.
3 Ба яқин Ту қавмҳоро дӯст медорӣ;
ҳамаи муқаддасонашон дар дасти Ту ҳастанд,
ва онҳо назди қадамгоҳи Ту ӯрду заданд,
ва суханони Туро қабул карданд, —
4 Шариатеро, ки Мусо ба мо амр фармуд,
то ки он барои ҷамоати Яъқуб мерос бошад.
5 Ва Ӯ бар Ешурун подшоҳ буд,
вақте ки сардорони қавм бо якҷоягии сибтҳои Исроил ҷамъ шуданд.
6 Бигзор Реубен зинда бошад ва намирад,
ва одамонаш камшумор набошанд».
7 Ва ин аст дар бораи Яҳудо; ва ӯ гуфт:
«Худовандо, овози Яҳудоро бишнав,
ва назди қавмаш варо бирасон;
бигзор дастҳояш варо ҳимоят кунад,
ва Ту ба зидди душманони вай мададгор бош».
8 Ва дар бораи Левӣ гуфт:
«Туммим ва урими Ту бар марди порсои Туст,
ки варо Ту дар Массо имтиҳон кардаӣ,
ва бо вай назди обҳои Мерибо низоъ намудаӣ;
9 Вай дар бораи падар ва модари худ мегӯяд:
„Ман онҳоро надидаам“,
ва бародарони худро намешиносад,
ва писарони худро намедонад;
зеро ки онҳо каломи Туро риоя мекунанд,
ва аҳди Туро ба ҷо меоваранд,
10 Дастуроти Туро ба Яъқуб таълим медиҳанд,
ва шариати Туро ба Исроил;
дар ҳузури Ту бухур мегузоранд,
ва қурбонии сӯхтанӣ бар қурбонгоҳи ту.
11 Худовандо, қуввати варо баракат бидеҳ,
ва ба амали дастҳои вай таваҷҷӯҳ намо;
камари мухолифони варо бишкан,
то ки бадхоҳони вай натавонанд бихезанд».
12 Дар бораи Биньёмин гуфт:
«Ин маҳбуби Худованд дар паноҳи Ӯ дар амният умр ба сар мебарад;
тамоми рӯз Ӯ варо пуштибонӣ намуда,
дар миёни китфҳои вай сокин мешавад».
13 Ва дар бораи Юсуф гуфт:
«Бигзор замини вай аз ҷониби Худованд бобаракот бошад,
аз неъмати осмон, аз шабнам,
ва аз вартае ки дар таҳти замин воқеъ аст,
14 Ва аз неъмати маҳсулоти офтоб,
ва аз неъмати набототи моҳ,
15 Ва аз навбарҳои гузини кӯҳҳои қадим,
ва аз неъмати талҳои ҷовидонӣ,
16 Ва аз неъмати замин ва ҳар чи дар он аст,
ва аз ҳусни таваҷҷӯҳи Сокини хорбутта.
Бигзор ин баракат бар сари Юсуф ояд,
ва бар фарқи сари он ки аз миёни бародарони худ соҳибафсар буд.
17 Наргови нахустзодаи вай шавкати вай аст,
ва шохҳои он мисли шохҳои бузи ваҳшии дарозшох аст;
бо онҳо қавмҳоро якҷоя то ақсои замин шох мезанад;
ва инҳоянд беварҳои Эфроим,
ва инҳоянд ҳазорҳои Менашше».
18 Ва дар бораи Забулун гуфт:
«Эй Забулун, дар берун омадани худ шодӣ кун,
ва ту, эй Иссокор, — дар хаймаҳои худ.
19 Онҳо қавмҳоро ба кӯҳ даъват менамоянд,
дар он ҷо қурбониҳои ҳаққонӣ тақдим мекунанд;
зеро ки аз сарвати баҳрҳо истифода мебаранд,
ва аз ганҷҳое ки дар рег ниҳон аст».
20 Ва дар бораи Ҷод гуфт:
«Муборак аст Он ки Ҷодро вусъат додааст;
вай мисли шер сокин аст,
ва бозу ва фарқи сарро медарронад.
21 Вай қитъаи беҳтаринро барои худ ихтиёр намудааст,
ки дар он ҷо ҳиссаи Қонунгузор мавҷуд аст;
ва бо сардорони қавм омада,
адолати Худованд ва дастуроти Ӯро бо Исроил ба амал меоварад».
22 Ва дар бораи Дон гуфт:
«Дон шери ҷавон аст,
ки аз Бошон ҷастухез мекунад».
23 Ва дар бораи Нафтолӣ гуфт:
«Ту, эй Нафтолӣ, аз таваҷҷӯҳи Худованд сер шав,
ва аз баракати Ӯ пур бош;
ғарб ва ҷанубро тасарруф намо».
24 Ва дар бораи Ошер гуфт:
«Аз писарон Ошер бобаракот аст,
дар миёни бародарони худ маҳбуб мешавад,
ва пои худро дар равған меғӯтонад.
25 Аз оҳан ва мис бандубасти туст,
ва некӯаҳволии ту тамоми умри ту давом мекунад.
26 Худо мисл надорад, эй Ешурун!
Ӯ, ки осмонсавор аст, дар кибриёи Худ бар абрҳо нишаста,
ба мадади ту мешитобад.
27 Худои азалӣ паноҳгоҳ аст,
ва дар поён то абад ҳимоятгар аст;
ва душманро аз пеши ту бадар меронад,
ва мегӯяд: „Маҳв намо!“
28 Ва Исроил дар амният сокин мешавад,
манбаи Яъқуб — ба танҳоӣ,
дар замине ки ғалла ва шираи ангураш фаровон аст,
ва аз осмонаш шабнам меборад.
29 Хушо ту, эй Исроил!
Кист монанди ту, эй қавме ки наҷотбаҳши ту Худованд аст,
ки Ӯ сипари нигаҳбони ту ва шамшери ҷалоли туст!
Ва душманонат ба ту тамаллуқ мегӯянд,
ва ту баландиҳои онҳоро поймол мекунӣ».
34БОБИ СИЮ ЧОРУМ
Рӯъёи Мусо ва фавти ӯ.
1 Ва Мусо аз саҳрои Мӯоб ба кӯҳи Набӯ, бар қуллаи Фисҷа, ки дар рӯ ба рӯи Ериҳӯ воқеъ аст, баромад, ва Худованд тамоми заминро ба ӯ нишон дод: Ҷилъодро то Дон;
2 Ва тамоми Нафтолӣ ва замини Эфроим ва Менашше, ва тамоми замини Яҳудоро то баҳри ғарбӣ;
3 Ва кишвари Ҷанубро, ва майдони дараи Ериҳӯро, ки шаҳри хурмозор аст, то Сӯар.
4 Ва Худованд ба ӯ гуфт: «Ин аст замине ки Ман дар бораи он ба Иброҳим, Исҳоқ ва Яъқуб қасам хӯрда, гуфтаам: „Ба насли ту онро хоҳам дод“. Ман ба ту имконият додам, ки онро бо чашмони худ бубинӣ, валекин ба он ҷо убур нахоҳӣ кард».
5 Ва Мусо, бандаи Худованд, дар он ҷо, дар замини Мӯоб, бар тибқи амри Худованд мурд.
6 Ва ӯ дар замини Мӯоб, дар рӯ ба рӯи Байт‐Фаӯр, дар дара дафн карда шуд; ва касе ҷои қабри ӯро то имрӯз намедонад.
7 Ва Мусо дар вақти мурданаш саду бистсола буд; чашмаш хира нашуда буд, ва қувваташ кам намонда буд.
8 Ва банӣ‐Исроил дар саҳрои Мӯоб сӣ рӯз барои Мусо мотам гирифтанд; ва рӯзҳои навҳаи мотами Мусо ба анҷом расид.
Ҷонишини ӯ — Еҳушаъ ибни Нун.
9 Ва Еҳушаъ ибни Нун аз рӯҳи ҳикмат пур шуд, чунки Мусо дастҳои худро бар ӯ гузошта буд; ва банӣ‐Исроил ба ӯ итоат намуданд, ва бар тибқи он чи Худованд ба Мусо амр фармуда буд, амал карданд.
10 Ва набие мисли Мусо дар Исроил дигар ба майдон наомадааст, ки ӯро Худованд рӯ ба рӯ мешиноҳт, —
11 Дар бобати тамоми аломот ва мӯъҷизоте ки Худованд ӯро ба замини Миср фиристод, то ки онҳоро бар фиръавн ва бар ҳамаи бандагони вай ва бар тамоми замини вай ба амал оварад;
12 Ва дар бобати тамоми дасти қавӣ, ва дар бобати тамоми аҷоиботи бузурге ки Мусо пеши назари тамоми Исроил ба амал овард.