КИТОБИ
ДОНИЁЛИ НАБӢ
1БОБИ ЯКУМ
Шарҳи ҳоли Дониёл.
1 Дар соли сеюми подшоҳии Еҳӯёқим, подшоҳи Яҳудо, Набукаднесар, подшоҳи Бобил, ба Ерусалим омад ва онро муҳосира кард.
2 Ва Худованд Еҳӯёқим, подшоҳи Яҳудоро бо як қисми зарфҳои хонаи Худо ба дасти ӯ таслим кард, ва ӯ онҳоро ба замини Шинъор, ба хонаи худои худ овард, ва зарфҳоро дар ганҷхонаи худои худ гузошт.
3 Ва подшоҳ ба Ашфаназ, сардори хоҷасароёни худ, амр фармуд, ки аз банӣ‐Исроил, аз насли шоҳон ва аъёну ашроф амрадонеро биёрад,
4 Ки ҳеҷ нуқсони ҷисмонӣ надошта бошанд, ва зеботалъат, ва дар хикмат моҳир, ва соҳиби дониш ва дар таълим ҳушфаҳм бошанд, ва барои хизмат дар қасри подшоҳ қувват дошта бошанд, — ва ба онҳо забон ва адабиёти калдониёнро таълим диҳад.
5 Ва подшоҳ барои онҳо хӯроки ҳаррӯзаро аз суфраи подшоҳӣ ва аз шаробе ки худаш менӯшид, таъин намуд, ва амр фармуд, ки онҳоро се сол тарбият диҳанд, ва баъд аз гузаштани ин мӯҳлат онҳо дар ҳузури подшоҳ хоҳанд истод.
6 Ва дар миёни онҳо Дониёл, Ҳананьё, Мишоил ва Азарьё буданд.
7 Ва сардори хоҷасароён ба онҳо номҳои дигар дод: Дониёлро Балтшасар, Хананьёро Шадрак, Мишоилро Мешак ва Азарьёро Абднаҷу ном ниҳод.
8 Вале Дониёл дар дили худ аҳд кард, ки худро бо хӯроки суфраи подшоҳ ва бо шаробе ки ӯ менӯшад, палид накунад, бинобар ин аз сардори хоҷасароён иҷозат пурсид, то ки палид нашавад.
9 Ва Худо эҳсон ва марҳаматро дар хузури сардори хоҷасароён ба Дониёл ато намуд.
10 Ва сардори хоҷасароён ба Дониёл гуфт: «Ман аз оғои худ, подшоҳ, ки хӯрок ва шароби шуморо худаш таъин намудааст, метарсам, ки шояд ӯ чеҳраҳои шуморо назар ба амрадони ҳамсолатон лоғартар бубинад, ва шумо сари маро ба ҳузури подшоҳ дар хатар хоҳед андохт».
11 Ва Дониёл ба пешхизмати дастархончӣ, ки ӯро сардори хоҷасароён бар Дониёл, Ҳананьё, Мишоил ва Азарьё баргумошта буд, гуфт:
12 «Лутфан, бандагонатро даҳ рӯз озмоиш намо: ба мо сабзавот барои хӯрдан бидиҳанд, ва об барои нӯшидан;
13 Ва чеҳраҳои моро ба ҳузури ту бо чеҳраҳои амрадоне ки хӯроки суфраи подшоҳро мехӯранд, муқоиса намоянд, ва чун бубинӣ, бар тибқи он бо бандагонат амал намо».
14 Ва ӯ дар ин хусус ба сухани онҳо гӯш андохт, ва даҳ рӯз онҳоро озмоиш кард.
15 Ва баъд аз гузаштани даҳ рӯз чеҳраҳои онҳо, назар ба амрадоне ки хӯроки суфраи подшоҳро мехӯрданд, зеботар, ва баданҳошон фарбеҳтар шуда буд.
16 Ва пешхизмати дастархончӣ хӯрокашон ва шароберо, ки бояд бинӯшанд, гирифта, ба онҳо сабзавот медод.
17 Ва Худо ба ин чор амрадон дониш ва фаҳмиши ҳар адабиёт ва ҳикматро ато фармуд, ва Дониёл ба ҳар гуна рӯъёҳо ва хобҳо сарфаҳм мерафт.
18 Ва баъд аз итмоми айёме ки подшоҳ барои овардани онҳо муайян намуда буд, сардори хоҷасароён онҳоро ба ҳузури Набукаднесар овард.
19 Ва подшоҳ бо онҳо гуфтугӯ кард, ва аз миёни ҳамаи онҳо касе мисли Дониёл, Ҳананьё, Мишоил ва Азарьё ёфт нашуд, ва онҳо ба ҳузури подшоҳ истоданд.
20 Ва дар ҳар масъалаи ҳикмат ва маърифат, ки подшоҳ аз онҳо пурсон мекард, онҳоро аз ҳамаи ғайбдонон ва афсунгароне ки дар тамоми мамлакати ӯ буданд, даҳчандон болотар ёфт.
21 Ва Дониёл то соли якуми подшоҳ Куруш буд.
2БОБИ ДУЮМ
Рӯъёи Набукаднесар.
Ҳакимон таъбири онро наметавонанд ошкор кунанд.
1 Ва дар соли дуюми подшоҳии Набукаднесар, Набукаднесар хобҳо медид, ва рӯҳи ӯ музтариб шуд, ва хобаш аз ӯ дур шуд.
2 Ва подшоҳ амр фармуд, ки ғайбдонон ва афсунгарон ва дуохонон ва мунаҷҷимонро бихонанд, то ки онҳо ба подшоҳ хобҳои ӯро бигӯянд. Ва онҳо омада, ба ҳузури подшоҳ истоданд.
3 Ва подшоҳ ба онҳо гуфт: «Хобе дидам, ва рӯҳи ман музтариб шуд — мехоҳам хобро бидонам».
4 Ва мунаҷҷимон ба подшоҳ ба забони арамӣ гуфтанд: «То абад зинда бош, эй подшоҳ! Хобро ба бандагони худ бигӯй, ва мо таъбири онро баён хоҳем кард».
5 Подшоҳ ба мунаҷҷимон ҷавоб гардонда, гуфт: «Аз ҷониби ман чунин қароре қабул шудааст, ки агар хоб ва таъбири онро ба ман ошкор накунед, пора‐пора хоҳед шуд, ва хонаҳотон харобазор хоҳад гардид,
6 Вале агар хоб ва таъбири онро ошкор кунед, тӯҳфаҳо ва инъомҳо ва ҷалоли азиме аз ҷониби ман пайдо хоҳед кард; пас, хоб ва таъбири онро ба ман бигӯед».
7 Бори дигар онҳо ҷавоб гардонда, гуфтанд: «Подшоҳ хобро ба бандагони худ бигӯяд, ва мо таъбири онро баён хоҳем кард».
8 Подшоҳ ҷавоб гардонда, гуфт: «Ман яқин медонам, ки шумо фурсат меҷӯед, чун мебинед, ки аз ҷониби ман чунин қароре қабул шудааст,
9 Ки агар хобро ба ман ошкор накунед, барои шумо фақат як ҳукмнома аст. Суханони дурӯғу ботилро шумо ният доштед ба хузури ман бигӯед, то ки вақт мурур намояд; пас, хобро ба ман бигӯед, ва ман хоҳам донист, ки таъбири онро метавонед ба ман ошкор кунед».
10 Мунаҷҷимон ба ҳузури подшоҳ ҷавоб гардонда, гуфтанд: «Касе бар рӯи замин нест, ки инро тавонад ба подшоҳ ошкор кунад, дар сурате ки ҳеҷ подшоҳи бузург ва пуриқтидор чунин чизро аз ҳеҷ ғайбдон, афсунгар ва мунаҷҷим талаб накардааст.
11 Ва он чи подшоҳ талаб мекунад, чунон мушкил аст, ки ғайр аз худоёне ки масканашон бо башар нест, ҳеҷ каси дигар наметавонад онро ба ҳузури подшоҳ ошкор кунад».
12 Аз ин сабаб подшоҳ ба ғазаб омада, бағоят хашмгин шуд ва амр фармуд, ки ҳамаи ҳакимони Бобилро несту нобуд кунанд.
13 Ва фармон дода шуд, ки ҳакимон бояд кушта шаванд; ва Дониёл ва рафиқонашро ҷустуҷӯ мекарданд, то он шахсонро ба қатл расонанд.
14 Он гоҳ Дониёл ба сардори посбонони подшоҳ — Арьюк, ки барои куштани ҳакимони Бобил берун омада буд, бо машварат ва ҳикмат муроҷиат намуд;
15 Ба Арьюк, ки мансабдоре ба ҳузури подшоҳ буд, рӯ оварда, гуфт: «Чаро аз ҷониби подшоҳ чунин фармони сахт дода шудааст?» Он гоҳ Арьюк асли масъаларо ба Дониёл баён намуд.
16 Ва Дониёл омада, аз подшоҳ илтимос кард, ки ба ӯ мӯҳлат бидиҳад, то таъбири хобро ба подшоҳ ошкор намояд.
17 Он гоҳ Дониёл ба хонаи худ рафта, ба рафиқонаш Ҳананьё, Мишоил ва Азарьё дар ин бобат хабар дод,
18 То аз Худои осмон дар бораи ин роз марҳамат талаб кунанд, то ки Дониёл ва рафиқонаш бо дигар ҳакимони Бобил несту нобуд нашаванд.
Роз ба Дониёл ошкор шуд.
19 Дар он шаб ин роз ба Дониёл дар рӯъё ошкор шуд, ва Дониёл Худои осмонро муборак хонд,
20 Ва Дониёл сухан ронда, гуфт:
«Исми Худо аз азал то абад муборак бод,
ки ҳикмат ва қудрат аз они Ӯст!
21 Ва Ӯ вақтҳо ва замонҳоро тағьир медиҳад,
подшоҳонро сарнагун мекунад ва подшоҳонро барқарор менамояд,
ба ҳакимон ҳикмат ва ба оқилон дониш мебахшад.
22 Ӯ чизҳои амиқ ва ниҳонро ошкор мекунад, он чиро,
ки дар зулмот аст, медонад, ва нур бо Ӯ сокин аст.
23 Ман туро, эй Худои падаронам, шукрона ва ҳамд мегӯям,
барои он ки ҳикмат ва қудрат ба ман бахшидаӣ, ва алҳол он чиро, ки аз ту илтимос намудем, ба ман ошкор кардӣ, зеро ки масъалаи подшоҳро ба мо ошкор кардӣ».
24 Баъд аз ин, Дониёл назди Арьюк, ки подшоҳ қатли ҳакимони Бобилро ба вай супурда буд, рафт; ва омада, ба вай гуфт: «Ҳакимони Бобилро ба қатл нарасон; маро ба ҳузури подшоҳ бибар, ва ман таъбири хобро ба ӯ баён хоҳам кард».
25 Он гоҳ Арьюк фавран Дониёлро ба ҳузури подшоҳ овард, ва ба ӯ чунин гуфт: «Ман шахсеро аз асирони Яҳудия пайдо кардам, ки вай метавонад таъбири хобро ба подшоҳ бигӯяд».
26 Дар ҷавоб подшоҳ ба Дониёл, ки Балтшасар ном дошт, гуфт: «Оё ту метавонӣ хоберо, ки ман дидаам, бо таъбири он ба ман бигӯӣ?»
27 Дониёл ба ҳузури подшоҳ ҷавоб гардонда, гуфт: «Розеро, ки подшоҳ пурсидааст, ҳакимон, афсунгарон, ғайбдонон ва ҷодугарон наметавонанд ба подшоҳ баён намоянд.
28 Аммо Худое дар осмон ҳаст, ки Ошкоркунандаи розҳост, ва Ӯ подшоҳ Набукаднесарро аз он чи дар айёми охир ба вуқӯъ хоҳад омад, огоҳ кардааст. Хоби ту ва рӯъёи сари ту бар бистари ту ин буд:
29 Ту, эй подшоҳ, бар бистари худ дар он хусус фикру хаёл кардаӣ, ки баъд аз ин чиҳо ба вуқӯъ хоҳад омад, — ва Ошкоркунандаи розҳо туро аз он чи ба вуқӯъ хоҳад омад, огоҳ кардааст.
30 Валекин ба ман на аз сабаби ҳикмате ки бештар аз ҳамаи зиндаҳо дорам, ин роз ошкор шудааст, балки аз барои он ки таъбири хоб ба подшоҳ маълум шавад, ва ту фикру хаёли дили худро бидонӣ.
Хоби фаромӯшгардида ба ёди подшоҳ оварда шуд.
31 Ту, эй подшоҳ, чунин рӯъёе дидаӣ: инак, як ҳайкали бузург; ин ҳайкали бузург, ки бисьёр дурахшон буд, дар рӯ ба рӯи ту меистод, ва намуди саҳмгине дошт.
32 Сари ин ҳайкал аз тиллои холис, сина ва бозуҳояш аз нуқра, шикам ва ронҳояш аз мис буд;
33 Соқҳояш аз оҳан, пойҳояш қисман аз оҳан ва қисман аз гил буд.
34 Ту дидаӣ, ки санге канда шуд, бе он ки дасте расида бошад, ва пойҳои оҳанин ва гилини ҳайкалро зад ва онҳоро гард‐гард кард.
35 Он гоҳ оҳан, гил, мис, нуқра ва тилло якбора гард‐гард шуда, мисли коҳрезаи хирмангоҳи тобистон гардид, ва бод онҳоро гирифта бурд, ва ному нишоне аз онҳо боқӣ намонд; ва он санг, ки ҳайкалро зада буд, ба кӯҳи бузурге табдил ёфта, тамоми заминро пур кард.
Хобро таъбир кардани Дониёл.
36 Хоб ҳамин аст, ва таъбири онро ба ҳузури подшоҳ хоҳем гуфт.
37 Ту, эй подшоҳ, шоҳаншоҳе ҳастӣ, ки Худои осмон ба ту салтанат, қудрат, тавоноӣ ва ҷалол бахшидааст;
38 Ва дар ҳар ҷое ки банӣ‐одам, ҳайвоноти саҳро ва мурғони ҳаво сукунат доранд, онҳоро ба дасти ту супурда, туро бар ҳамаи онҳо ҳукмраво гардонидааст, — он сари тилло ту ҳастӣ.
39 Баъд аз ту салтанати дигаре барпо хоҳад шуд, ки аз салтанати ту пасттар бошад, ва салтанати сеюми дигаре, — салтанати мисин, — ки он бар тамоми замин ҳукмфармо хоҳад шуд.
40 Ва салтанати чорум мисли оҳан қавӣ хоҳад буд; чунон ки оҳан ҳама чизро пора‐пора ва гард‐гард мекунад, он низ, мисли ҳамин оҳани шикананда, ҳамаи ин чизҳоро пора‐пора хоҳад кард ва хоҳад шикаст.
41 Ва ин ки ту пойҳо ва ангуштонро дидаӣ, ки қисман аз гили кулолгар ва қисман аз оҳан буд, ин яъне мамлакати тақсимшудаест, ки қадаре аз қуввати оҳан дар он хоҳад буд, чунон ки ту оҳани бо гили кулолӣ омехтаро дидаӣ.
42 Ва чунон ки ангуштони пойҳо қисман аз оҳан ва қисман аз гил буд, ончунон ин салтанат қисман қавӣ ва қисман зудшикан хоҳад буд.
43 Ва ин ки ту оҳани бо гили кулолӣ омехтаро дидаӣ, ин яъне онҳо бо насли одам омезиш хоҳанд ёфт, валекин бо ҳамдигар пайванд нахоҳанд шуд, чунон ки оҳан бо гил пайванд намешавад.
44 Ва дар айёми он подшоҳон Худои осмон салтанате барпо хоҳад кард, ки он то абад барҳам нахоҳад хӯрд; ва ин салтанат ба қавми дигаре супурда нахоҳад шуд: он ҳамаи ин салтанатҳоро гард‐гард ва несту нобуд хоҳад кард, вале худаш то абад хоҳад истод.
45 Чунон ки ту дидаӣ, ки санге аз кӯҳ канда шуд, бе он ки дасте расида бошад, ва охан, мис, гил, нуқра ва тиллоро пора‐пора кард, ончунон Худои бузург подшоҳро аз он чи баъд аз ин ба вуқӯъ хоҳад омад, огоҳ кардааст. Пас, хоб дуруст ва таъбири он амин аст!»
Ба бузургӣ расидани Дониёл.
46 Он гоҳ подшоҳ Набукаднесар рӯйнокӣ афтода, ба Дониёл саҷда бурд ва амр фармуд, ки барои ӯ ҳадияҳо ва бухур биёранд.
47 Подшоҳ ба Дониёл ҷавоб гардонда, гуфт: «Ба ростӣ Худои шумо Худои худоён ва Хукмфармои подшоҳон ва Ошкоркунандаи розҳо мебошад, зеро ки ту тавонистӣ ин розро ошкор намоӣ!»
48 Он гоҳ подшоҳ ба Дониёл бузургӣ бахшид ва инъомҳои сершумор ва гаронбаҳо ба ӯ дод, ва ӯро ҳоким бар тамоми вилояти Бобил, ва раиси сардорон бар ҳамаи ҳакимони Бобил таъин намуд.
49 Ва Дониёл аз подшоҳ илтимос кард, ва ӯ Шадрак, Мешак ва Абднаҷуро бар корҳои вилояти Бобил гузошт. Ва Дониёл дар боргоҳи подшоҳ буд.
3БОБИ СЕЮМ
Ғурури Набукаднесар ва подош барои он.
Ҳайкали тилло.
1 Подшоҳ Набукаднесар ҳайкале аз тилло сохт, ки қадаш шаст зироъ ва бараш шаш зироъ буд; онро дар водии Дуро дар вилояти Бобил барқарор намуд.
2 Ва подшоҳ Набукаднесар фиристод, ки ҳокимон, сардорон ва волиён, мушовирон, хазинадорон, доварон, муваккалони бошишгоҳҳо ва ҳамаи ҳукуматдорони вилоятҳоро ҷамъ кунанд, то онҳо ба расми кушоди ҳайкале ки подшоҳ Набукаднесар барқарор намуда буд, биёянд.
3 Он гоҳ ҳокимон, сардорон ва волиён, мушовирон, хазинадорон, доварон, муваккалони бошишгоҳҳо ва ҳамаи ҳукматдорони вилоятҳо ба расми кушоди ҳайкале ки подшоҳ Набукаднесар барқарор намуда буд, ҷамъ шуданд, ва дар рӯ ба рӯи ҳайкале ки Набукаднесар барқарор намуда буд, истоданд.
4 Ва ҷарчӣ бо овози баланд нидо кард: «Ба шумо, эй қавмон, умматҳо ва забонҳо, фармон медиҳем:
5 Чун садои шайпур, сурнай, тор, чилтор, чанг, қӯшнай ва дигар асбоби мусиқиро бишнавед, афтода, ба ҳайкали тиллое ки подшоҳ Набукаднесар барқарор намудааст, саҷда баред.
6 Ва ҳар кӣ наафтад ва саҷда набарад, дарҳол андаруни кӯраи оташи сӯзон андохта хоҳад шуд».
7 Бар тибқи ин, ҳамин ки ҳамаи қавмҳо садои шайпур сурнай, тор, чилтор, чанг ва дигар асбоби мусиқиро шуниданд, — ҳамаи қавмҳо, умматҳо ва забонҳо ба ҳайкали тиллое ки подшоҳ Набукаднесар барқарор намуда буд, саҷда бурданд.
Се ҷавони яҳудӣ аз саҷда бурдан ба ҳайкал сар тофтанд.
8 Дар айни замон баъзе калдониён дар ҳаққи яҳудиён чуғӯл карданд:
9 Онҳо ба подшоҳ Набукаднесар шикояткунон гуфтанд: «Эй подшоҳ, то абад зинда бош!
10 Ту, эй подшоҳ, фармон додаӣ, ки ҳар кӣ садои шайпур, сурнай, тор, чилтор, чанг, қӯшнай ва дигар асбоби мусиқиро бишнавад, афтода, ба ҳайкали тилло саҷда барад.
11 Ва ҳар кӣ наафтад ва саҷда набарад, андаруни кӯраи оташи сӯзон андохта хоҳад шуд.
12 Шахсони яҳудие ҳастанд, ки ту онҳоро бар корҳои вилояти Бобил таъин намудаӣ, яъне Шадрак, Мешак ва Абднаҷу; ин шахсон туро, эй подшоҳ, писанд намекунанд, худоёни туро ибодат наменамоянд ва ба ҳайкали тиллое ки ту барқарор кардаӣ, саҷда намебаранд».
13 Он гоҳ Набукаднесар бо хашм ва ғазаб фармон дод, ки Шадрак, Мешак ва Абднаҷуро биёранд; ин шахсонро ба ҳузури подшоҳ оварданд.
14 Набукаднесар ба онҳо хитоб намуда, гуфт: «Эй Шадрак, Мешак ва Абднаҷу, оё шумо қасдан худоёни маро ибодат намекунед ва ба ҳайкали тиллое ки ман барқарор намудаам, саҷда намебаред?
15 Алҳол, агар шумо тайёр бошед, пас чун садои шайпур, сурнай, тор, чилтор, чанг, қӯшнай ва дигар асбоби мусиқиро бишнавед, афтода, ба ҳайкали тиллое ки ман сохтаам, саҷда баред, хуб хоҳад буд; вале агар саҷда набаред, дарҳол андаруни кӯраи оташи сӯзон андохта хоҳед шуд; ва кист он Худое ки шуморо тавонад аз дасти ман раҳо кунад?»
16 Шадрак, Мешак ва Абднаҷу ба подшоҳ ҷавоб гардонда, гуфтанд: «Эй Набукаднесар! Моро ҳоҷати он нест, ки дар ин бора ба ту ҷавоб диҳем.
17 Моро Худое ҳаст, ки Ӯро ибодат менамоем, ва Ӯ қодир аст моро аз кӯраи оташи сӯзон бираҳонад, ва аз дасти ту, эй подшоҳ, низ раҳо хоҳад кард.
18 Ва ҳатто агар на ин тавр аст, туро, эй подшоҳ, маълум бод, ки мо худоёни туро ибодат нахоҳем кард ва ба ҳайкали тиллои ту, ки барқарор намудаӣ, саҷда нахоҳем бурд».
Кӯраи оташи сӯзон ба онҳо осебе нарасонд.
19 Он гоҳ Набукаднесар бар Шадрак, Мешак ва Абднаҷу пур аз ғазаб гардид, ва намуди рӯяш дигаргун шуд, ва хитоб намуда, амр фармуд, ки кӯраро аз оташи муқаррарӣ ҳафтчандон бештар оташ дардиҳанд.
20 Ва ба пурзӯртарин мардони лашкари худ фармон дод, ки Шадрак, Мешак ва Абднаҷуро бандубаст намуда, дар кӯраи оташи сӯзон биандозанд.
21 Он гоҳ ин шахсонро дар ҷомаҳо, кулоҳҳо, аммомаҳо ва либосҳои онҳо бандубаст карданд ва андаруни кӯраи оташи сӯзон андохтанд.
22 Азбаски фармони подшоҳ сахт буд, ва кӯра ниҳоятдараҷа оташ дардода шуда буд, он касонро, ки Шадрак, Мешак ва Абднаҷуро дар оташ андохтанд, шарораи оташ кушт.
23 Ва он се шахс, яъне Шадрак, Мешак ва Абднаҷу, дар ҳолате ки бандубаст шуда буданд, андаруни кӯраи оташи сӯзон афтоданд.
24 Он гоҳ подшоҳ Набукаднесар мутаҳайир шуда, саросемавор бархост ва ба мушовиронаш хитоб намуда, гуфт: «Оё мо се шахси бандубастшударо андаруни оташ наандохтем?» Онҳо ба подшоҳ ҷавоб гардонда, гуфтанд: «Хақ асту рост, эй подшоҳ!»
25 Ӯ дар ҷавоб гуфт: «Ман, охир, чор мардро мебинам, ки бе бандубаст андаруни оташ гардиш мекунанд, ва ҳеҷ осебе ба онҳо нарасидааст; ва намуди марди чорум ба писари Худо монанд аст».
Набукаднесар Худои Исроилро муборак хонд ва Ӯро мадҳ намуд.
26 Он гоҳ Набукаднесар ба даҳани кӯраи оташи сӯзон наздик омад ва хитоб намуда, гуфт: «Эй Шадрак, Мешак ва Абднаҷу, эй бандагони Худои Таоло, берун омада, наздик шавед!» Он гоҳ Шадрак, Мешак ва Абднаҷу аз даруни оташ берун омаданд.
27 Ва ҳокимон, сардорон ва волиён ва мушовирони подшоҳ ҷамъ шуда, он мардонро диданд, ки оташ ба баданҳои онҳо таъсир накардааст, ва мӯи сарашон парт нашудааст, ва ҷомаҳошон тағьир наёфтааст, ва ҳатто бӯи оташ ба онҳо нарасидааст.
28 Набукаднесар хитоб намуда, гуфт: «Муборак аст Худои Шадрак, Мешак ва Абднаҷу, ки фариштаи Худро фиристода, бандагони Худро наҷот додааст, ки онҳо ба Ӯ таваккал доштанд, ва ба фармони подшоҳ муқобилият намуданд, ва баданҳои худро нисор карданд, то ки ба ҳеҷ худои дигар, ҷуз Худои худашон, ибодат ва саҷда нанамоянд.
29 Ва аз ҷониби ман фармон дода мешавад, ки аз ҳар қавм, уммат ва забон касе ки дар ҳаққи Худои Шадрак, Мешак ва Абднаҷу сухани носазое бигӯяд, пора‐пора карда хоҳад шуд, ва хонаи вай харобазор хоҳад гардид, зеро худои дигаре нест, ки мисли Ӯ тавонад наҷот диҳад».
30 Он гоҳ подшоҳ ба Шадрак, Мешак ва Абднаҷу дар вилояти Бобил бузургӣ бахшид.
31 Подшоҳ Набукаднесар ба ҳамаи қавмҳо, умматҳо ва забонҳое ки бар тамоми замин сокинанд: осоиштагии шумо афзун бод!
32 Аломот ва мӯъҷизотеро, ки Худои Таоло ба ман нишон додааст, ман салоҳ донистам баён намоям.
33 Чӣ бузург аст аломоти Ӯ ва чӣ аҷоиб аст мӯъҷизоти Ӯ! Малакути Ӯ малакути ҷовидонист, ва салтанати Ӯ то абад аст!
4БОБИ ЧОРУМ
Фармони подшоҳ.
1 Ман, ки Набукаднесар ҳастам, дар хонаи худ ором будам ва дар қасри худ зиндадил.
2 Хобе дидам, ки маро ҳаросон кард, ва андешаҳои болои бистарам ва рӯъёҳои сарам маро ба изтироб афканд.
3 Ва фармоне аз ҷониби ман дода шуд, ки ҳамаи ҳакимони Бобилро ба хузури ман биёранд, то ки онҳо таъбири хобро ба ман бигӯянд.
Се рӯъёи Набукаднесар.
4 Он гоҳ ғайбдонон, афсунгарон, мунаҷҷимон ва ҷодугарон омаданд, ва ман хобро ба онҳо гуфтам, вале онҳо таъбири онро натавонистанд ба ман баён намоянд.
5 Ва ниҳоят Дониёл, ки номаш мисли номи худои ман Балтшасар аст, ва рӯҳи худоёни муқаддас дар ӯст, ба ҳузури ман омад, ва ман хобро ба ӯ гуфтам.
6 «Эй Балтшасар, ки раиси ғайбдонон ҳастӣ, чун медонам, ки рӯҳи худоёни муқаддас дар туст, ва ҳеҷ розе аз ту пӯшида нест! Чунин аст рӯъёҳои хобе ки ман дидаам, ва таъбири онро ба ман бигӯй:
7 Дар рӯъёҳои сарам бар бистарам медидам,
ва инак дарахте дар васати дуньё мебошад,
ва баландии азиме дорад.
8 Ин дарахт бузург ва мустаҳкам гардида,
баландияш то ба осмон расид,
ва то ақсои тамоми дуньё намоён мешуд.
9 Баргҳояш зебо, ва мевааш фаровон,
ва ғизо барои ҳама дар он буд;
ҳайвоноти саҳро дар зери он паноҳ меёфтанд,
ва мурғони ҳаво бар шохаҳояш лона месохтанд,
ва тамоми башар аз он ғизо мегирифтанд.
10 Дар рӯъёҳои сарам бар бистарам медидам,
ва инак фариштаи муқаддасе аз осмон фурӯд омад,
11 Ва бо овози баланд фарьёд зада, гуфт:
„Дарахтро бибуред ва шохаҳояшро бишканед,
баргҳояшро биафшонед ва меваашро пароканда намоед;
бигзор ҳайвонот аз зераш,
ва мурғон аз шохаҳояш дур шаванд.
12 Аммо решаи асосиашро дар замин бимонед,
ва бигзор ӯ бо бандҳои оҳан
ва мис дар миёни сабзаи саҳро аз шабнами осмон тар шавад,
ва бо ҳайвонот насиби ӯ алафи замин бошад;
13 Дили инсон аз ӯ кашида гирифта шавад,
ва дили ҳайвон ба ӯ дода шавад,
ва ҳафт замон бар ӯ бигзарад.
14 Ин гап аз рӯи қарордоди фариштагон аст,
ва ин масъала аз рӯи ҳукми муқаддасон аст,
то зиндагон бидонанд,
ки Ҳаққи Таоло бар салтанати одамизод ҳукмфармост,
ва онро ба ҳар кӣ бихоҳад, медиҳад,
ва пасттарини одамонро бар он таъин мекунад“.
15 Ин хобро ман, ки подшоҳ Набукаднесар ҳастам, дидаам, ва ту, эй Балтшасар, таъбири онро бигӯй, чунки ҳамаи ҳакимони Бобил натавонистанд таъбири онро ба ман бифаҳмонанд, валекин ту метавонӣ, зеро ки рӯҳи худоёни муқаддас дар туст».
Таъбири ин се рӯъё.
16 Он гоҳ Дониёл, ки Балтшасар ном дорад, ягон соат моту мабҳут шуд, ва фикру хаёлаш ӯро ба ҳарос андохт. Подшоҳ хитоб намуда, гуфт: «Эй Балтшасар, хоб ва таъбири он бигзор туро ба ҳарос наандозад!» Балтшасар ҷавоб гардонда, гуфт: «Эй оғои ман, ин хоб ба душманонат, ва таъбири он ба бадхоҳонат бошад!
17 Дарахте ки ту дидаӣ, ки бузург ва мустаҳкам гардида, баландияш то ба осмон расид, ва ба тамоми дуньё намоён мешуд,
18 Ва баргҳояш зебо, ва мевааш фаровон, ва ғизо барои ҳама дар он буд, ва ҳайвоноти саҳро дар зери он сокин буданд, ва мурғони ҳаво бар шохаҳояш лона месохтанд, —
19 Ин ту ҳастӣ, эй подшоҳ, ки бузург ва мустаҳкам гардидаӣ, ва бузургии ту афзуда, то ба осмон расидааст, ва салтанати ту — то ба ақсои замин.
20 Ва ин ки подшоҳ фариштаи муқаддасро дидааст, ки вай аз осмон фурӯд омада, гуфтааст: „Ин дарахтро бурида, несту нобуд кунед, аммо решаи асосиашро дар замин бимонед, ва бигзор ӯ бо бандҳои оҳан ва мис дар миёни сабзаи саҳро аз шабнами осмон тар шавад, ва бо ҳайвоноти саҳро насиби ӯ бошад, то ки ҳафт замон бар ӯ бигзарад“, —
21 Ҳамин аст таъбири он, эй подшоҳ, ва ҳамин аст қарордоди Ҳаққи Таоло, ки ба сари оғоям подшоҳ меояд.
22 Ва туро аз миёни одамон бадар хоҳанд ронд, ва маскани ту бо ҳайвоноти саҳро хоҳад буд, ва туро мисли говон алаф хоҳанд хӯронид, ва туро аз шабнами осмон тар хоҳанд кард, ва ҳафт замон бар ту хоҳад гузашт, то эътироф кунӣ, ки Ҳаққи Таоло бар салтанати одамизод хукмфармост, ва онро ба ҳар кӣ бихоҳад, медиҳад.
23 Ва ин ки амр фармудаанд, ки решаи асосии дарахтро бимонед, ин яъне салтанати ту боқӣ хоҳад монд, агар эътироф кунӣ, ки осмон хукмронӣ менамояд.
24 Аммо, эй подшоҳ, бигзор машварати ман ба ту писанд ояд, ва ту хатоҳои худро бо аъмоли нек, ва гуноҳҳои худро бо шафқат ба камбағалон қатъ намо, — бо ин роҳ оромии ту тӯл хоҳад ёфт».
25 Ҳамаи ин ба подшоҳ Набукаднесар рӯй дод.
26 Баъд аз гузаштани дувоздаҳ моҳ, бар қасри хисравӣ дар Бобил сайру гардиш карда,
27 Подшоҳ ба сухан оғоз намуд ва гуфт: «Ин, охир, Бобили бузург аст, ки ман онро барои хонаи салтанат бо тавоноии қудрати худ ва ба шарафи ҷалоли худ бино кардаам!»
Се рӯъё ба амал омад; беморӣ ва сиҳатьёбии подшоҳ.
28 Ин сухан ҳанӯз ба забони подшоҳ буд, ки овозе аз осмон баромад: «Дар ҳаққи ту, эй подшоҳ Набукаднесар, мегӯем: салтанат аз ту дур шудааст!
29 Ва туро аз миёни одамон бадар хоҳанд ронд, ва маскани ту бо ҳайвоноти саҳро хоҳад буд, ва туро мисли говон алаф хоҳанд хӯронид, ва ҳафт замон бар ту хоҳад гузашт, то эътироф кунӣ, ки Ҳаққи Таоло бар салтанати одамизод ҳукмфармост, ва онро ба ҳар кӣ бихоҳад, медиҳад».
30 Дар ҳамон соат ин чиз бар Набукаднесар ба амал омад, ва ӯ аз миёни одамон бадар ронда шуд, ва мисли говон алаф хӯрд, ва аз шабнами осмон баданаш тар шуд, ба тавре ки мӯйҳояш мисли парҳои уқоб, ва нохунҳояш мисли чанголи мурғон калон шуд.
31 Ва баъд аз итмоми он айём ман, ки Набукаднесар ҳастам, чашмонамро сӯи осмон бардоштам, ва ақлам ба ман баргашт, ва Ҳаққи Таолоро муборак хондам, ва Ҳайи Лоямутро ситоиш намудам ва ҳамд гуфтам,
ки салтанати Ӯ ҷовидонист
ва малакути Ӯ то абад аст.
32 Ва ҳамаи сокинони замин ҳеҷ ҳисоб меёбанд,
ва Ӯ ба лашкари осмон
ва сокинони замин бар тибқи иродаи Худ амал мекунад,
ва касе нест, ки дасти Ӯро рад намояд
ва ба Ӯ бигӯяд: «Чӣ мекунӣ?»
33 Дар ҳамон вақт ақлам ба ман баргашт, ва ба шарафи салтанати ман шукӯҳ ва шавкатам ба ман баргашт, ва маро мушовирон ва акобири ман талабиданд, ва бар салтанати худ аз нав барқарор гардидам, ва кибриёи ман афзунтар шуд.
34 Алҳол ман, ки Набукаднесар ҳастам, Подшоҳи осмонро ҳамд ва сано ва такбир мегӯям, ки тамоми аъмоли Ӯ ростист, ва роҳҳои Ӯ адолат аст, ва Ӯ касонеро, ки бо ғурур роҳ мераванд, метавонад паст кунад.
5БОБИ ПАНҶУМ
Тақдири Дониёл дар замони подшоҳии Балшасар ва Дорьёвеш.
1 Подшоҳ Балшасар барои ҳазор нафар акобири худ базми бузурге орост, ва дар ҳузури он ҳазор нафар шароб нӯшид.
2 Бо кайфи шароб Балшасар фармон дод, ки зарфҳои тилло ва нуқраеро, ки падараш Набукаднесар аз маъбади Ерусалим берун оварда буд, биёранд, то ки подшоҳ ва акобираш, манкӯҳаҳояш ва сурриягонаш аз онҳо бинӯшанд.
3 Он гоҳ зарфҳои тиллоро, ки аз қудси хонаи Худо, ки дар Ерусалим аст, гирифта шуда буд, оварданд, ва подшоҳ ва акобираш, манкӯҳаҳояш ва сурриягонаш аз онҳо нӯшиданд, —
4 Шароб менӯшиданд ва худоёнеро, ки аз тилло ва нуқра, мис, оҳан, чӯб ва санг буд, ҳамд мегуфтанд.
Навиштае бар девор.
5 Дар ҳамон соат ангуштҳои дасти одам пайдо шуда, дар рӯ ба рӯи чароғдон, бар гаҷи девори қасри подшоҳ навишт, ва подшоҳ кафи дастро, ки менавишт, дид.
6 Он гоҳ ранги рӯи подшоҳ канд, ва фикру хаёлаш ӯро ҳаросон кард, бандҳои камараш бемаҷол гардид, ва зонуҳояш ларзида, ба хам мехӯрд.
7 Подшоҳ бо овози баланд фарьёд зад, ки афсунгарон, мунаҷҷимон ва ҷодугаронро биёранд. Подшоҳ ба ҳакимони Бобил хитоб намуда, гуфт, ки «ҳар касе ки ин навиштаро бихонад ва маънояшро ба ман бифаҳмонад, ҷомаи арғувон пӯшонида хоҳад шуд, ва тавқи заррин бар гарданаш овехта хоҳад шуд, ва ҳокими сеюм дар мамлакат таъин хоҳад гардид».
8 Он гоҳ ҳамаи ҳакимони Бобил омаданд, вале натавонистанд навиштаро бихонанд ва маънои онро ба подшоҳ бифаҳмонанд.
9 Подшоҳ бағоят ҳаросон шуд, ва ранги рӯяш канд, ва акобираш мушавваш гардиданд.
10 Малика суханони подшоҳ ва акобирашро шунида, ба базмгоҳ даромад; малика хитоб намуда, гуфт: «Эй подшоҳ, то абад зинда бош! Бигзор фикру хаёлат туро ҳаросон накунад, ва ранги рӯят наканад.
11 Шахсе дар мамлакати ту ҳаст, ки рӯҳи худоёни муқаддас дар ӯст, ва дар айёми падарат рӯшноӣ ва хирад ва ҳикмат, ба монанди ҳикмати худоён дар ӯ ёфт шудааст, ва подшоҳ Набукаднесар, падарат, ӯро раиси ғайбдонон, афсунгарон, мунаҷҷимон ва ҷодугарон таъин намудааст, — худи падарат, эй подшоҳ!
12 Азбаски рӯҳи олидараҷа ва дониш, ва лаёқати таъбир кардани хобҳо, ҳал намудани муаммоҳо ва кушодани гиреҳҳо дар ин Дониёл ёфт шудааст, ва подшоҳ ӯро Балтшасар ном ниҳодааст, пас бигзор алҳол Дониёлро бихонанд, ва ӯ таъбирро баён хоҳад кард».
13 Он гоҳ Дониёлро ба ҳузури подшоҳ оварданд, ва подшоҳ ба Дониёл хитоб намуда, гуфт: «Оё ту ҳамон Дониёл аз байни асирони Яҳудия ҳастӣ, ки падарам подшоҳ аз Яҳудия оварда буд?
14 Ва дар бораи ту шунидаам, ки рӯҳи худоён дар туст, ва рӯшноӣ ва хирад ва ҳикмати олидараҷа дар ту ёфт шудааст.
15 Ва алҳол, ҳакимон ва афсунгаронро ба ҳузури ман оварданд, то ки ин навиштаро бихонанд ва маънояшро ба ман бифаҳмонанд, валекин натавонистанд ин маъноро бигӯянд.
16 Ва ман дар бораи ту шунидам, ки ба ҳалли муаммоҳо ва кушодани гиреҳҳо қодир ҳастӣ. Пас, агар алҳол тавонӣ навиштаро бихонӣ ва маънои онро ба ман бифаҳмонӣ, ҷомаи арғувон хоҳӣ пӯшид, ва тавқи заррин бар гарданат овехта хоҳад шуд, ва ҳокими сеюм дар мамлакат таъин хоҳӣ гардид».
Таъбири навиштаи асроромез.
17 Он гоҳ Дониёл ба ҳузури подшоҳ ҷавоб гардонда, гуфт: «Инъомҳои ту бигзор аз они ту бошад, ва мукофоти худро ба дигаре бидеҳ, аммо навиштаро ба подшоҳ хоҳам хонд ва маънояшро ба ӯ хоҳам фаҳмонд.
18 Эй подшоҳ! Худои Таоло ба падарат Набукаднесар салтанат ва бузургӣ ва ҷалол ва шавкат бахшид,
19 Ва аз боиси бузургие ки ба ӯ дода буд, ҳамаи қавмҳо, умматҳо ва забонҳо аз ӯ дар тарсу ларз буданд: ҳар киро мехост — мекушт, ва ҳар киро мехост — зинда мемононд, ҳар киро мехост — баланд мебардошт, ва ҳар киро мехост — ба залолат меандохт.
20 Вале вақте ки дилаш пурғурур ва рӯҳаш барои бадкорӣ сахт шуд, ӯ аз тахти салтанати худ сарнагун гардида, ҷалолаш аз ӯ гирифта шуд,
21 Ва ӯ аз миёни банӣ‐одам бадар ронда шуд, ва дилаш мисли дили ҳайвон гардид, ва масканаш бо гӯрхарон шуд; ӯро мисли говон алаф мехӯронданд, ва аз шабнами осмон баданаш тар мешуд, то эътироф кард, ки Худои Таоло бар салтанати одамизод ҳукмфармост, ва ҳар киро бихоҳад, бар он таъин мекунад.
22 Ва ту, эй писари ӯ Балшасар, дили худро ба тавозӯъ моил накардӣ, гарчанде ки ҳамаи инро медонистӣ;
23 Ва худро бар Худованди осмон баланд гирифтӣ, ва зарфҳои хонаи Ӯро ба ҳузури ту оварданд, ва ту ва акобири ту, манкӯҳаҳоят ва сурриягонат аз онҳо шароб нӯшидед, ва худоёнеро, ки аз нуқра ва тилло, мис ва оҳан, чӯб ва санг ҳастанд, ва намебинанд, намешунаванд ва намедонанд, ҳамд гуфтӣ, вале Худоеро, ки ҷонат дар дасти Ӯст, ва ҳамаи роҳҳоят пеши назари Ӯст, ҷалол надодӣ.
24 Он гоҳ аз ҷониби Ӯ кафи дасте фиристода шуд, ва ин навишта тасвир ёфт.
25 Ва ин аст навиштае ки тасвир ёфтааст: МНЭ, МНЭ, ТКЕЛ, ВУФАРСИН.
26 Чунин аст маънои ин суханон: МНЭ — Худо айёми салтанати туро ҳисоб карда, ба он хотима додааст;
27 ТКЕЛ — ту бар тарозу баркашида шудаӣ, ва вазни ту бағоят сабук баромадааст;
28 ФРС — салтанати ту тақсим карда, ба Модай ва Форс дода шудааст».
29 Он гоҳ Балшасар фармон дод, ва Дониёлро ҷомаи арғувон пӯшонданд, ва тавқи заррин бар гарданаш овехтанд, ва дар ҳаққи ӯ эълон карданд, ки ҳокими сеюм дар мамлакат мешавад.
30 Дар ҳамон шаб Балшасар, подшоҳи калдониён, кушта шуд.
31 Ва Дорьёвеши модаӣ соҳиби салтанат гардид, дар ҳолате ки шасту дусола буд.
6БОБИ ШАШУМ
Соҳиби салтанат гардидани Дорьёвеш, ва фармони ӯ.
1 Дорьёвеш салоҳ донист, ки саду бист ҳоким бар мамлакат таъин намояд, то ки онҳо бар тамоми мамлакат бошанд.
2 Ва бар онҳо — се нозир, ки Дониёл яке аз онҳо буд, то ки он ҳокимон ба онҳо ҳисобот диҳанд, ва ҳеҷ зараре ба подшоҳ нарасад.
3 Дониёл дар миёни он нозирон ва ҳокимон мумтоз буд, чунки рӯҳи олидараҷае дошт, ва подшоҳ ният дошт, ки ӯро бар тамоми мамлакат таъин намояд.
4 Нозирон ва ҳокимон баҳона меҷустанд, то ки аз ҷиҳати идораи мамлакат айбе ба гардани Дониёл бор кунанд, вале ҳеҷ айбе ва фасоде натавонистанд пайдо кунанд, зеро ки ӯ амин буд, ва ҳеҷ хато ва фасоде дар ӯ ёфт нашуд.
5 Пас он шахсон гуфтанд: «Дар ҳаққи ин Дониёл ҳеҷ айбе пайдо нахоҳем кард, магар ин ки дар шариати Худои ӯ ба муқобили ӯ чизе пайдо кунем».
6 Он нозирон ва ҳокимон назди подшоҳ ҷамъ омада, ба ӯ чунин гуфтанд: «Эй подшоҳ Дорьёвеш, то абад зинда бош!
7 Ҳамаи нозирони мамлакат, сардорон ва ҳокимон, мушовирон ва волиён маслиҳатро ба як ҷо монданд, ки ба ҳузури подшоҳ қасам ёд кунанд ва чунин фармони манъро дастгирӣ намоянд, ки ҳар кӣ то сӣ рӯз аз ягон худо ё одам, ҷуз аз ту, эй подшоҳ, илтимосе кунад, дар чоҳи шерон андохта шавад.
8 Алҳол, эй подшоҳ, ин манъро тасдиқ кун ва фармонеро имзо намо, ки тағьирнопазир бошад, мувофиқи шариати Модай ва Форс, ки мансух намешавад».
9 Ва подшоҳ Дорьёвеш он фармон ва он манъро имзо намуд.
10 Чун Дониёл фаҳмид, ки чунин фармон имзо шудааст, ба хонаи худ омад; тирезаҳои болохонаи ӯ ба самти Ерусалим кушода буд, ва ӯ рӯзе се карат зону зада, дуо мегуфт ва Худои худро ҳамд мехонд, чунон ки ӯ пеш аз ин ҳам мекард.
11 Он гоҳ ин шахсон бо ғавғо омада, Дониёлро дар ҳолате ёфтанд, ки назди Худои худ дуо гуфта, марҳамат металабид.
12 Ва онҳо назди подшоҳ омада, дар бораи фармони манъи подшоҳ сухан ронданд: «Ту, охир, фармонеро имзо намудӣ, ки ҳар кӣ то сӣ рӯз аз ягон худо ё одам, ҷуз аз ту, эй подшоҳ, илтимосе кунад, дар чоҳи шерон андохта шавад?» Подшоҳ ҷавоб гардонда, гуфт: «Ин сухан дуруст аст, мувофиқи шариати Модай ва Форс, ки мансух намешавад».
13 Пас онҳо ба подшоҳ ҷавоб гардонда, гуфтанд: «Ин Дониёл, ки аз асирони Яҳудия аст, ба ту, эй подшоҳ, ва ба фармони манъе ки имзо намудаӣ, эътино намекунад, балки рӯзе се карат дуои худро мегӯяд».
14 Вақте ки подшоҳ ин суханро шунид, аз худаш бисьёр норозӣ шуд, ва дар дили худ аҳд кард, ки Дониёлро бираҳонад, ва то ғуруби офтоб барои раҳонидани ӯ саъю кӯшиш намуд.
15 Лекин он шахсон назди подшоҳ ҷамъ омада, ба подшоҳ гуфтанд: «Бидон, эй подшоҳ, ки қонуни Модай ва Форс ин аст, ки ҳеҷ манъ ва фармонро, ки подшоҳ муқаррар намудааст, тағьир додан мумкин нест».
16 Он гоҳ подшоҳ фармон дод, ва Дониёлро оварда, дар чоҳи шерон андохтанд. Подшоҳ ба Дониёл хитоб намуда, гуфт: «Худои ту, ки Ӯро ҳамеша ибодат менамоӣ, туро халос хоҳад кард».
17 Ва санге оварда, онро дар даҳани чоҳ гузоштанд, ва подшоҳ онро бо нигини худ ва бо нигини акобири худ мӯҳр зад, то фармоне ки дар бораи Дониёл дода шудааст, тағьир дода нашавад.
18 Сонӣ подшоҳ ба қасри худ рафта, шабро бо рӯзадорӣ гузаронд, ва асбоби ишрати ӯро ба ҳузури ӯ наоварданд, ва хобаш аз ӯ гурехт.
19 Бомдодон, баробари кафидани чашми рӯз, подшоҳ бархоста, шитобон сӯи чоҳи шерон рафт.
20 Ва ҳангоме ки ба чоҳ наздик шуд, бо овози маҳзунона сӯи Дониёл фарьёд зад, ва подшоҳ ба Дониёл хитоб намуда, гуфт: «Эй Дониёл, бандаи Худои Ҳай! Худои ту, ки Ӯро ҳамеша ибодат менамоӣ, оё тавонист туро аз шерон халос кунад?»
21 Он гоҳ Дониёл ба подшоҳ гуфт: «Эй подшоҳ, то абад зинда бош!
22 Худои ман фариштаи Худро фиристода, даҳони шеронро баст, ва онҳо ба ман осебе нарасонданд, чунки ба ҳузури Ӯ дар ман гуноҳе ёфт нашуд, пеши ту низ, эй подшоҳ, ман ҷинояте накардаам».
23 Он гоҳ подшоҳ бағоят шод шуда, амр фармуд, ки Дониёлро аз чоҳ берун оваранд; ва Дониёлро аз чоҳ берун оварданд, дар ҳолате ки ба ӯ ҳеҷ осебе нарасида буд, зеро ки ӯ ба Худои худ имон дошт.
Фармони Дорьёвеш.
24 Ва подшоҳ амр фармуд, ва он шахсонро, ки дар ҳаққи Дониёл чуғӯл карда буданд, оварда, дар чоҳи шерон андохтанд, — ҳам худашонро, ҳам бачагон ва занонашонро; ва ҳанӯз ба таги чоҳ нарасида буданд, ки шерон ба онҳо ҳамла оварда, ҳамаи устухонҳошонро пора‐пора карданд.
25 Баъд аз ин, подшоҳ Дорьёвеш ба ҳамаи қавмҳо, умматҳо ва забонҳое ки дар тамоми мамлакат сокин буданд, навишт: «Саломатии шумо афзун бод!
26 Аз ҷониби ман фармон дода мешавад, ки дар тамоми салтанати мамлакати ман ба ҳузури Худои Дониёл ларзон ва тарсон бошанд;
зеро ки Ӯ Худои Ҳай ва Қайюми Ҷовидвуҷуд аст,
ва малакути Ӯ безавол аст,
ва салтанати Ӯ беинтиҳост.
27 Ӯ халос мекунад ва наҷот медиҳад,
ва бар осмон ва замин аломот ва мӯъҷизот ба амал меоварад,
ва Ӯ Дониёлро аз панҷаи шерон раҳоӣ додааст».
28 Ва ин Дониёл дар салтанати Дорьёвеш ва дар салтанати Куруши форсӣ комьёб гардид.
7БОБИ ҲАФТУМ
Рӯъёҳои Дониёл: дар рӯъё падид омадани ҳайвонҳо.
1 Дар соли якуми Балшасар, подшоҳи Бобил, Дониёл бар бистари худ хобе ва рӯъёҳои сари худро дид; он гоҳ хобро навишта, асли масъаларо баён кард.
2 Дониёл ба сухан оғоз намуда, гуфт: «Шабона дар рӯъёи худ дидам, ва инак, чор боди осмон бар баҳри бузург ҳамла оварданд,
3 Ва чор ҳайвони калон, ки аз ҳамдигар фарқ доштанд, аз баҳр берун омаданд.
Ҳайвони якум — салтанати Набукаднесар.
4 Якуми онҳо мисли шер буд, вале болҳои уқобро дошт; ва дидам, ки болҳои он канда шуд, ва он аз замин бардошта шуд, ва мисли одамизод бар пойҳояш гузошта шуд, ва дили одамӣ ба он дода шуд.
Ҳайвони дуюм — салтанати Форс.
5 Ва инак, ҳайвони дигари дуюм, ки мисли хирс буд, ва дар як тараф меистод, ва дар даҳони он, дар миёни дандонҳояш, се дандони ашкӣ буд, ва ба он чунин гуфтанд: „Бархез ва гӯшти бисьёре бихӯр!“
Ҳайвони сеюм — салтанати Мақдуния.
6 Баъд аз он дидам, ва инак, ҳайвони дигаре ки мисли паланг буд, ва бар тахтапушташ чор боли мурғро дошт; ва ин ҳайвон чор калла дошт, ва салтанат ба он дода шуда буд.
Ҳайвони чорум — салтанати Рум.
7 Баъд аз он дар рӯъёҳои шаб дидам, ва инак, ҳайвони чорум, ки саҳмгин ва даҳшатангез ва бисьёр бақувват буд, ва дандонҳои калони оҳанин дошт; вай мехӯрд ва пора‐пора мекард, ва боқимондаро бо пойҳои худ поймол менамуд, ва аз ҳамаи ҳайвонҳое ки пеш аз вай буданд, фарқ дошт, ва шохаш даҳто буд.
Салтанатҳои даҳ подшоҳ ва шохи майда.
8 Ба он шохҳо менигаристам, ва инак, як шохи дигари майдае аз миёни онҳо баромад, ва сето аз шохҳои пештара пеши он решакан гардид, ва инак, дар ин шох чашмоне буд мисли чашмони одамизод, ва даҳоне буд, ки густохона сухан меронд.
Атиқулайём ва Писар.
9 Ва дидам, ки тахтҳо барқарор гардид;
ва Атиқулайём нишаста буд;
либоси Ӯ мисли барф сафед,
ва мӯйсари Ӯ мисли пашм пок буд;
тахти Ӯ — шарораҳои оташ,
чархҳои он — оташи сӯзон;
10 Наҳри оташ аз пеши Ӯ ҷорӣ шуда, берун меомад;
ҳазорон‐ҳазор ба ӯ хизмат мекарданд,
ва беварҳо‐бевар ба ҳузури ӯ меистоданд;
доварӣ ба муҳокима нишаст,
ва дафтарҳо кушода шуд.
11 Он гоҳ ман дидам, ки аз боиси садои суханони густохонае ки он шох мегуфт, дар пеши назарам он ҳайвон кушта шуд, ва ҷасадаш нобуд гардида, дар оташ андохта шуд.
12 Ва ҳайвонҳои боқӣ аз салтанаташон дур карда шуданд, валекин дарозии умр то замоне ва муддате ба онҳо дода шуд.
13 Дар рӯъёҳои шаб ман дидам,
ва инак, мисли Писари одам бо абрҳои осмон меомад,
ва то Атиқулайём расид,
ва ба ҳузури Ӯ наздик оварданд.
14 Ва салтанат ва ҷалол ва малакут ба Ӯ дода шуд,
то ки ҳамаи қавмҳо, умматҳо ва забонҳо Ӯро ибодат намоянд;
салтанати Ӯ салтанати ҷовидонист, ки завол нахоҳад ёфт
ва малакути Ӯ нест нахоҳад шуд.
Таъбири падид омадани ҳайвонҳо.
15 Рӯҳи ман, Дониёл, андаруни ҷасадам мушавваш гардид, ва рӯъёҳои сарам маро ҳаросон кард.
16 Ман ба яке аз истодагон наздик шуда, ҳақиқатро дар бораи ҳамаи ин аз ӯ пурсидам, ва ӯ ба ман сухан ронда, асли масъаларо ба ман фаҳмонд:
17 „Ин ҳайвонҳои калон, ки чорто ҳастанд, чор подшоҳанд, ки аз замин хоҳанд бархост.
18 Ва муқаддасони Ҳаққи Таоло салтанатро хоҳанд пазируфт, ва салтанатро то абад ва то абадулобод мерос хоҳанд гирифт“.
19 Он гоҳ ман хостам ҳақиқатро дар бораи ҳайвони чорум бидонам, ки он аз ҳамаи дигарон фарқ дошта, бағоят саҳмгин буд: дандонҳояш оҳанин ва чанголаш мисин буд, вай мехӯрд ва пора‐пора мекард ва боқимондаро бо пойҳои худ поймол менамуд;
20 Ва дар бораи даҳ шохе ки бар сари он буд, ва дар бораи шохи дигаре ки баромад, ва се шох пеши он решакан гардид, — дар бораи ҳамон шохе ки чашмон ва даҳоне дошт, ки густохона сухан меронд, ва намуди он аз дигарон калонтар буд.
21 Ва ман дидам, ки он шох бо муқаддасон ҷангида, бар онҳо ғолиб меомад,
22 То даме ки Атиқулайём омад, ва доварӣ ба муқаддасони Ҳаққи Таоло супурда шуд, ва замоне фаро расид, ва малакутро муқаддасон мерос гирифтанд.
23 Чунин гуфт: „Ҳайвони чорум салтанати чорум бар замин хоҳад буд, ки он аз ҳамаи салтанатҳо фарқ хоҳад дошт, ва тамоми заминро хоҳад хӯрд, ва онро поймол намуда, пора‐пора хоҳад кард.
24 Ва даҳ шох, ин яъне аз он салтанат даҳ подшоҳ хоҳанд бархост, ва подшоҳи дигаре баъд аз онҳо хоҳад бархост, ва ӯ аз подшоҳони аввалин фарқ хоҳад дошт, ва се подшоҳро сарнагун хоҳад кард,
25 Ва суханон бар зидди Ҳаққи Таоло хоҳад гуфт, ва муқаддасони Ҳаққи Таолоро мазлум хоҳад кард, ва дар роҳи тағьир додани мӯҳлатҳо ва шариат хоҳад кӯшид, ва онҳо то замоне ва ду замон ва нисфи замон ба дасти ӯ супурда хоҳанд шуд.
26 Ва доварӣ ба муҳокима хоҳад нишаст, ва салтанати ӯро аз ӯ гирифта, то охир несту нобуд хоҳанд кард.
27 Ва малакут ва салтанат ва кибриёи малакутҳо дар таҳти тамоми осмон ба муқаддасон, яъне ба қавми Ҳаққи Таоло дода хоҳад шуд, ки малакути Ӯ малакути ҷовидонист, ва ҳамаи салтанатҳо ба Ӯ хизмат ва итоат хоҳанд кард“.
28 Фарҷоми сухан то ин ҷост. Фикрҳои ман, Дониёл, маро бағоят мушавваш намуд, ва ранги рӯям дигаргун шуд, вале ин гапро дар дили худ нигоҳ доштам».
8БОБИ ҲАШТУМ
Дар рӯъё падид омадани қӯчқоре назди наҳр ва нарбузе.
1 Дар соли сеюми салтанати подшоҳ Балшасар, ба ман, Дониёл, рӯъёе зоҳир шуд, баъд аз он ки бори аввал ба ман зоҳир шуда буд.
2 Ва дар рӯъё дидам, — ман худро дар Шушани пойтахт, ки дар вилояти Элом воқеъ аст, дидам; — ва дар рӯъё дидам, ки ман назди наҳри Улой мебошам.
3 Ва чашмонамро боло бардошта, дидам, ки инак, қӯчқоре назди наҳр истодааст, ва он ду шох дорад, ва шохҳояш баланд аст, вале яке аз дигаре баландтар аст, ва баландтараш дертар баромад.
4 Дидам, ки ин қӯчқор ба самти ғарб ва шимол ва ҷануб шох мезанад, ва ҳеҷ ҳайвоне наметавонад пеши он истодагӣ намояд, ва касе нест, ки аз дасти он халос кунад; ва он ҳар чи мехост, мекард, ва бузург мешуд.
5 Ва ман назар мекардам, ва инак, нарбузе аз ғарб бар рӯи тамоми замин меояд; пойҳояш ба замин намерасид; ва шохе дар мобайни чашмони нарбуз намоён буд.
6 Ва ба тарафи он қӯчқори соҳиби ду шох, ки дида будам назди наҳр истодааст, равона шуд ва бо шиддати хашми худ сӯи он давид.
7 Ва онро дидам, ки ба қӯчқор наздик шуда, бо ғазаб ба он ҳамла овард, ва қӯчқорро зада, ду шохи онро шикаст; ва қӯчқорро маҷоле набуд, ки пеши он истодагӣ намояд, ва он варо бар замин афканда, поймол намуд, — ва касе набуд, ки қӯчқорро аз дасташ халос кунад.
8 Ва нарбуз ниҳоятдараҷа бузург шуд, ва ҳангоме ки пурзӯр гардид, шохи калонаш шикаст, ва дар ҷои он чор шох пайдо шуд, ки сӯи чор боди осмон нигаронида шуда буд.
9 Ва аз яке аз онҳо як шохи майдае баромад, ки ба самти ҷануб ва ба самти шарқ ва ба самти замини дилписанд бағоят бузург шуд.
10 Ва ин шох то лашкари осмон бузург шуд, ва як қисми лашкар ва ситорагонро бар замин афканда, поймол намуд.
11 Ва он то Сарвари лашкар бузург шуд, ва қурбонии доимӣ аз Ӯ гирифта шуд, ва макони муқаддаси Ӯ тарк карда шуд;
12 Ва ба қурбонии доимӣ ба василаи маъсият хотима дода хоҳад шуд; ва ростӣ бар замин афканда хоҳад шуд; ва ин шох дар тамоми кораш комьёб гардид.
13 Ва ман муқаддасеро шунидам, ки сухан мегуфт, ва ин муқаддас ба фалонӣ сухан ронда, гуфт: «Рӯъё дар бораи қурбонии доимӣ ва дар бораи маъсияти харобиовар, ки қудс ва лашкарро поймол намудааст, то ба кай хоҳад буд?»
14 Ва ба ман гуфт: «То ду ҳазору сесад шом ва субҳ; ва он гоҳ адл дар қудс барқарор хоҳад шуд».
15 Ва воқеъ шуд вақте ки ман, Дониёл, ин рӯъёро дидам, ва маънои онро меҷустам, — инак, дар рӯ ба рӯям мисли қиёфаи марде намудор шуд.
16 Ва ман аз даруни Улой овози одамиро шунидам, ки хитоб намуда, мегуфт: «Эй Ҷаброил! Ба вай ин рӯъёро бифаҳмон».
17 Ва ӯ ба он ҷо, ки ман истода будам, омад, ва чун омад, ман ҳаросон шуда, бар рӯи худ афтодам; ва ӯ ба ман гуфт: «Бидон, эй писари одам, ки ин рӯъё ба замони охир тааллуқ дорад».
18 Ва ҳангоме ки ӯ ба ман сухан мегуфт, ман рӯй бар замин мадҳуш будам; вале ӯ ба ман даст расонд, ва маро дар ҷое ки истода будам, ба по хезонд.
19 Ва гуфт: «Инак, ман туро аз он чи дар охири ғазаб рӯй хоҳад дод, огоҳ менамоям, чунки ин замон ба охир хоҳад расид.
20 Қӯчқори соҳиби ду шох, ки ту дидаӣ, подшоҳони Модай ва Форс мебошанд.
21 Ва он нарбуз подшоҳи Юнон аст, ва шохи калоне ки дар мобайни чашмони ӯ буд, подшоҳи аввалин аст.
22 Ва ин ки он шох шикаст ва дар ҷояш чортои дигар баромад, ин яъне аз он халқ чор салтанат барпо хоҳанд шуд, вале қувваташон мисли куввати ӯ нахоҳад буд.
23 Ва дар охири салтанати онҳо,
вақте ки осиён бадкории худро ба анҷом мерасонанд,
подшоҳи бешарм ва дасисакоре хоҳад бархост;
24 Ва қувваташ бузург хоҳад буд, вале на ба сабаби қуввати худи ӯ;
ва харобиҳои аҷибе ба амал хоҳад овард,
ва дар аъмолаш комьёб хоҳад шуд,
ва зӯроварон ва қавми муқаддасонро ба ҳалокат хоҳад расонд;
25 Ва ба туфайли ақлаш
дар дасисакорӣ муваффақият ба даст хоҳад овард,
ва дар дили худ мағрур хоҳад шуд,
ва бисьёр осоиштагонро ба ҳалокат хоҳад расонд,
ва бар зидди Сарвари сарварон қиём хоҳад кард,
ва бе он ки дасте расида бошад, шикаст хоҳад хӯрд.
26 Ва рӯъёи оид ба шом ва субҳ,
ки дар бораи он сухан рафт, дуруст аст,
валекин ту ин рӯъёро пинҳон намо,
зеро ки он баъд аз айёми зиёде ба вуқӯъ хоҳад омад».
27 Ва ман, Дониёл, музтариб шуда, якчанд рӯз бемор хобидам; ва чун бархостам, ба корҳои подшоҳ машғул шудам; ва аз рӯъё дар ҳайрат будам, вале касе инро пай набурд.
9БОБИ НӮҲУМ
Рӯъё дар бораи ҳафтод ҳафтсола.
1 Дар соли аввали Дорьёвеш ибни Аҳашверӯш аз насли Модай, ки бар мамлакати калдониён подшоҳ шуда буд, —
2 Дар соли аввали подшоҳии ӯ ман, Дониёл, дар китобҳо ба шумораи солҳо диққат додам, ки каломи Худованд дар бораи он ба Ирмиёи набӣ нозил шуда буд, ки ба харобии Ерусалим ҳафтод сол пур хоҳад шуд.
Дуо дар бораи қавми Исроил.
3 Ва ман рӯи худро сӯи Худованд Худо нигаронидам, то ки бо дуо ва тазаррӯъҳо, ба василаи рӯзадорӣ ва палос ва хокистар илтимос намоям.
4 Ва пеши Худованд Худои худ дуо гуфта ва эътироф намуда, гуфтам: «Лутфан, эй Худованд, Худои бузург ва саҳмгин, ки аҳд ва марҳаматро ба дӯстдорони Худ ва ба риоякунандагони аҳкоми Худ нигоҳ медорӣ!
5 Мо гуноҳ кардаем ва гумроҳ шудаем, шарирона рафтор намудаем ва осӣ гардидаем, аз аҳкоми Ту ва аз дастурҳои Ту рӯй гардондаем,
6 Ва ба бандагонат анбиё, ки ба исми Ту ба подшоҳони мо, ба сарварон ва падарони мо ва ба тамоми қавми мамлакат сухан меронданд, гӯш надодаем.
7 Адолат аз они Туст, эй Худованд, ва хиҷолат аз они мост, чунон ки имрӯз низ ҳамин тавр аст, — аз они мардони Яҳудо ва сокинони Ерусалим ва ҳамаи исроилиёни наздик ва дур, дар ҳамаи кишварҳое ки Ту онҳоро барои хиёнате ки дар ҳаққи Ту кардаанд, ба он ҷо пароканда намудаӣ.
8 Худовандо! Хиҷолат аз они мост, — аз они подшоҳони мо ва сарварони мо ва падарони мо, чунки ҳамаи мо пеши Ту гуноҳ кардаем.
9 Аммо Худованд Худои мо дорои раҳм ва омурзишҳост, гарчанде ки ба Ӯ осӣ шудаем,
10 Ва ба овози Худованд Худои мо гӯш надодаем, то бар тибқи таълимоти Ӯ, ки ба воситаи бандагонаш анбиё ба мо пешниҳод кардааст, рафтор намоем.
11 Ва тамоми Исроил Тавроти Туро вайрон кардаанд ва аз он рӯй гардондаанд, то ки ба овози Ту гӯш надиҳанд, ва аз ин сабаб лаънат ва савганде ки дар Тавроти Мусои бандаи Худо навишта шудааст, бар мо рехта шуд, зеро ки мо пеши Ӯ гуноҳ кардаем.
12 Ва Ӯ каломи Худро, ки дар ҳаққи мо ва дар ҳаққи доварони мо, ки бар мо доварӣ мекарданд, гуфта буд, иҷро намуда, бар мо мусибати бузурге овард, ки мисли он зери тамоми осмон ба амал наомадааст, чунон ки дар Ерусалим ба амал омадааст;
13 Тамоми ин мусибат, чунон ки дар Тавроти Мусо навишта шудааст, бар мо омадааст; валекин мо пеши Худованд Худои мо тазаррӯъ накардаем, то ки аз маъсиятҳои худ даст кашем ва ростии Туро дарк намоем.
14 Ва Худованд бар ин мусибат исрор намуда, онро бар мо овард, зеро ки Худованд Худои мо дар ҳамаи корҳое ки мекунад, одил аст, вале мо ба овози ӯ гӯш надодаем.
15 Ва алҳол, эй Худованд Худои мо, ки қавми Худро аз замини Миср бо дасти қавӣ берун оварда, барои Худ, чунон ки имрӯз аст, исм пайдо кардаӣ, — мо гуноҳ кардаем, шарирона рафтор намудаем.
16 Худовандо! Лутфан, бар ҳасби тамоми адолати Ту, бигзор хашми Ту ва ғазаби Ту аз шаҳри Ту Ерусалим, аз кӯҳи муқаддаси Ту баргардад, зеро ки аз боиси гуноҳҳои мо ва маъсиятҳои падарони мо Ерусалим ва қавми Ту дар назари ҳамаи онҳое ки дар гирду пеши мо ҳастанд, шармсор гардидааст.
17 Ва алҳол, эй Худои мо, дуои бандаи Худ ва тазаррӯъҳои ӯро бишнав, ва рӯи Худро бар қудси вайронаи Худ, ба хотири Худованд, мунаввар намо.
18 Гӯши Худро, эй Худои ман, хам намо ва бишнав, ва чашмони Худро бикшо ва бар вайронаҳои мо ва бар шаҳре ки ба исми Ту хонда шудааст, бингар; зеро ки мо на ба сабаби адолати худ, балки ба сабаби марҳаматҳои зиёди Ту тазаррӯъҳои худро пеши пои Ту меандозем.
19 Худовандо, бишнав! Худовандо, биомурз! Худовандо, гӯш дода, ба амал овар! Ба хотири Худат, эй Худои ман, даранг накун, зеро ки шаҳри Ту ва қавми Ту ба исми Ту хонда шудаанд».
Ҷаброил маънои ҳафтсолаҳоро таъбир мекунад.
20 Ва ҳанӯз ман сухан мерондам, ва дуо мегуфтам, ва гуноҳи худам ва гуноҳи қавми ман Исроилро эътироф менамудам, ва тазаррӯи худро пеши пои Худованд Худои ман, бар кӯҳи муқаддаси Худои ман меандохтам, —
21 Ва ҳанӯз ман дар дуо сухан мерондам, он мард Ҷаброил, ки ӯро дар рӯъёи аввал дида будам, зуд парвоз намуда, қариби вақти ҳадияи шом ба ман расид,
22 Ва зеҳни маро равшан карда, гуфт: «Эй Дониёл! Алҳол берун омадам, то туро фаҳмиш биомӯзам.
23 Дар аввали тазаррӯъҳоят каломе баромад, ва ман омадам, ки хабар диҳам, зеро ки ту дилхоҳ ҳастӣ; пас, ба он калом диққат намо ва рӯъёро бифаҳм.
24 Ҳафтод ҳафтсола барои қавми ту ва барои шаҳри муқаддаси ту муқаррар карда шудааст, то ки ҷиноят хотима ёбад, ва гуноҳ нест шавад, ва маъсият кафорат шавад, ва адолати ҷовидонӣ барқарор шавад, ва рӯъёи набӣ муҷассам гардад, ва қудси қудсҳо тадҳин карда шавад.
25 Пас бидон ва бифаҳм, ки аз вақти баромадани калом дар бораи аз нав барқарор ва бино кардани Ерусалим то вақти Масеҳи Раис ҳафт ҳафтсола хоҳад гузашт; ва шасту ду ҳафтсола кӯчаҳо ва хандақҳо аз нав барқарор ва бино хоҳад шуд, ва ин дар замонҳои тангӣ хоҳад буд.
26 Ва баъд аз шасту ду ҳафтсола Масеҳ талаф хоҳад шуд, ва нахоҳад буд; ва қавми раиси оянда шаҳр ва қудсро хароб хоҳад кард, вале охири ӯ зуд фаро хоҳад расид, ва то охири ҷанг вайронаҳо насиб шудааст.
27 Ва ӯ аҳдро бо мардуми бисьёр як ҳафтсола мустаҳкам хоҳад кард, ва қурбонию ҳадияро дар нисфи ин ҳафтсола барҳам хоҳад дод; ва харобкунанда дар сояи қабоҳатҳо вуҷуд хоҳад дошт, то даме ки ҳалокати қатъӣ ба сари харобкунанда биёяд».
10БОБИ ДАҲУМ
Рӯъёи ҷалоли Худо.
1 Дар соли сеюми Куруш, подшоҳи Форс, ба Дониёл, ки Балтшасар ном дошт, ваҳй омад, — ваҳйе ки ҳақиқӣ буд ва ҷанги калоне дошт; ва ӯ ваҳйро фаҳмид ва ба рӯъё сарфаҳм рафт.
2 Дар он айём ман, Дониёл, се ҳафта мотам доштам.
3 Нони болаззат нахӯрдаам, ва гӯшту шароб ба даҳонам надаромадааст, ва равғане ба баданам намолидаам, то даме ки он се ҳафта пур шуд.
4 Ва дар рӯзи бисту чоруми моҳи якум ман дар канори наҳри бузурги Даҷла будам.
5 Ва чашмони худро боло бардошта, дидам: инак, марде ки ҷомаи катон дар бар, ва камарбанде аз тиллои Уфоз бар камар дошт.
6 Ва ҷасади ӯ мисли забарҷад буд, ва чеҳрааш мисли барқи дурахшон, ва чашмонаш мисли машъалҳои сӯзон, ва дасту пойҳояш монанди миси сайқалдор, ва садои гуфтораш мисли ғулғулаи селоб.
7 Ва танҳо ман, Дониёл, ин рӯъёро дидам, ва касоне ки бо ман буданд, ин рӯъёро надидаанд, аммо ларзаи азиме онҳоро фаро гирифт, ва онҳо гурехтанд, то ки пинҳон шаванд.
8 Ва ман танҳо мондам, ва ин рӯъёи бузургро медидам, вале мачолам намонд, ва ранги рӯям канда, дигаргун шуд, ва ман тамоман беқувват гаштам.
9 Ва садои гуфторашро шунидам; ва чун садои гуфторашро шунидам, ман дар холати мадҳушӣ рӯйнокӣ афтода, рӯй бар замин хобидам.
10 Ва инак дасте ба ман расида, маро бар зонуҳо ва кафи дастҳоям ларзон‐ларзон бархезонд.
11 Ва ӯ ба ман гуфт: «Эй Дониёл, марди дилписанд! Суханонеро, ки ман ба ту мегӯям, бифаҳм, ва бар пойҳои худ биист, зеро ки алҳол назди ту фиристода шудаам». Ва чун ин суханонро ба ман гуфт, ман бархостам, дар ҳолате ки ларзон будам.
12 Ва ӯ ба ман гуфт: «Натарс, эй Дониёл, зеро аз рӯзи аввале ки дили худро ба он ниҳодӣ, ки бифаҳмӣ ва пеши Худои худ рӯзадор бошӣ, суханони ту мустаҷоб шуд, ва ман барои он суханони ту омадаам.
13 Валекин малаки салтанати Форс бисту як рӯз ба ман муқобилат намуд, ва инак Микоил, ки яке аз малакҳои аввалин аст, ба мадади ман расид, ва ман дар он ҷо, назди подшоҳони Форс мондам.
14 Ва омадаам, то туро аз он чи дар айёми охир ба қавми ту воқеъ хоҳад шуд, хабардор намоям, зеро ки боз рӯъёе барои он айём ҳаст».
15 Ва чун ба ман чунин суханонро гуфт, бар рӯи худ ба замин афтодам ва лол шудам.
16 Ва инак махлуқе ба сурати банӣ‐одам ба лабҳоям даст расонд, ва ман даҳон кушода, ба сухан даромадам, ва ба махлуқе ки пеши ман истода буд, гуфтам: «Эй оғоям! Аз ин рӯъё банд аз бандам ҷудо шуд, ва ман тамоман беқувват гаштаам.
17 Пас чӣ гуна бандаи ин оғоям бо ин оғоям тавонад сухан ронад? Ман, охир, ҳанӯз қуввате надорам, ва рамақе дар ман намондааст».
18 Ва махлуқи одаммонанд боз ба ман даст расонда, маро тақвият намуд,
19 Ва гуфт: «Натарс, эй марди дилписанд! Салом бар ту бод! Қавидил ва далер бош!» Ва чун инро гуфт, қувват гирифтам ва гуфтам: «Бигӯ, эй оғоям, зеро ки ту маро тақвият намудаӣ».
20 Ва ӯ гуфт: «Оё ту медонӣ, барои чӣ назди ту омадаам? Алҳол бармегардам, то ки бо малаки Форс ҷанг кунам; ва ман чун берун равам, малаки Юнон хоҳад омад.
21 Аммо туро аз он чи дар китоби ҳақиқат навишта шудааст, хабардор хоҳам кард; ва касе нест, ки маро ба зидди инҳо тақвият намояд, магар ки малаки шумо Микоил.
11БОБИ ЁЗДАҲУМ
Нубувватҳо дар бораи подшоҳони замони баъдина.
1 Ва дар соли якуми Дорьёвеши модаӣ ман низ истода будам, то ки ӯро тақвият ва дастгирӣ намоям.
2 Ва алҳол ҳақиқатро ба ту огоҳ менамоям: инак, боз се подшоҳ дар Форс хоҳанд бархост, ва чорумин бо сарвати бузург аз ҳама бартарӣ хоҳад дошт, ва чун бо давлати худ қавӣ гардад, ҳамаро ба муқобили салтанати Юнон ба по хоҳад бархезонд.
3 Ва подшоҳи пуриқтидоре хоҳад бархост, ва бо қуввати азиме салтанат хоҳад ронд, ва бар тибқи иродаи худ амал хоҳад кард.
4 Ва чун қомат рост кунад, салтанаташ шикаст хоҳад хӯрд, ва ба чор боди осмон тақсим хоҳад шуд, вале на ба ворисони ӯ ва на монанди ҳокимияте ки ӯ дошт; зеро ки салтанати ӯ решакан хоҳад гардид, ва ба дигарон низ, ғайр аз инҳо, насиб хоҳад шуд.
5 Ва подшоҳи Ҷануб қавӣ хоҳад шуд, ва яке аз миронаш бар ӯ ғолиб омада, салтанат хоҳад ронд, ва салтанаташ салтанати азиме хоҳад буд.
6 Ва баъд аз якчанд сол онҳо ба ҳамдигар наздик хоҳанд шуд, ва духтари подшоҳи Ҷануб назди подшоҳи Шимол хоҳад омад, то сулҳ намояд; вале вай қуввати бозуи худро натавонад нигоҳ дошт, ва ӯ ва бозуи ӯ низ натавонад истодагӣ кард, балки вай ва ҳамроҳонаш ва падараш ва ёвараш дар он замон таслим карда хоҳанд шуд.
7 Ва навдае аз решаҳои вай дар ҷои ӯ хоҳад бархост, ва сӯи лашкар омада, ба қалъаи подшоҳи Шимол дохил хоҳад шуд, ва сазои онҳоро хоҳад дод, ва қавӣ хоҳад шуд.
8 Ва худоён ва бутҳои рехтаи онҳоро низ бо зарфҳои гаронбаҳои нуқра ва тиллои онҳо ба Миср ба асирӣ хоҳад бурд, ва якчанд сол ӯ аз подшоҳи Шимол болотар хоҳад истод.
9 Ва ҳарчанд вай ба мамлакати подшоҳи Ҷануб биёяд ҳам, ба замини худ хоҳад баргашт.
10 Ва писарони вай ҷангҷӯӣ намуда ва қӯшуни сершуморе ҷамъ карда, дохил хоҳанд шуд ва мисли селобе зер карда, убур хоҳанд намуд, ва баргашта, то ба ҳадди қалъаи ӯ ҷанг хоҳанд кард.
11 Ва подшоҳи Ҷануб дарғазаб хоҳад шуд, ва берун омада, бо вай, яъне бо подшоҳи Шимол, ҷанг хоҳад кард, вале вай лашкари бузурге барпо хоҳад намуд, ва ин лашкар ба дасти ӯ таслим хоҳад шуд.
12 Ва ҳангоме ки ин лашкар барбод равад, дили ӯ мағрур хоҳад шуд, ва ҳарчанд ӯ беварҳоро талаф намояд, ғолиб нахоҳад шуд.
13 Зеро ки подшоҳи Шимол баргашта, лашкари аз аввала бузургтаре барпо хоҳад намуд, ва баъд аз муддати чандинсола бо қӯшуни бузург ва асбобу анҷоми зиёде дохил хоҳад шуд.
14 Ва дар он замон бисьёрҳо ба зидди подшоҳи Ҷануб қиём хоҳанд кард, ва баъзе аз осиёни қавми ту сар хоҳанд бардошт, то рӯъё ба амал ояд, вале мағлуб хоҳанд шуд.
15 Ва подшоҳи Шимол хоҳад омад, ва сангаргоҳ барпо намуда, шаҳри истеҳкомдорро забт хоҳад кард; ва фавҷҳои Ҷануб, ва сипоҳи баргузидагонаш истодагӣ натавонанд кард, — ӯ қуввате барои истодагӣ нахоҳад дошт.
16 Ва он ки назди ӯ биёяд, бар тибқи иродам худ амал хоҳад кард, ва касе нахоҳад буд, ки тавонад пеши вай истодагӣ намояд; вай дар замини дилписанд ҷойгир хоҳад шуд, ва амнияти он комилан дар дасти вай хоҳад буд.
17 Ва рӯи худро вай ба он хоҳад нигаронид, ки ба авҷи камоли салтанати худ бирасад, ва бо ӯ сулҳ бандад, ва духтарашро ба ӯ ба занӣ бидиҳад, то ки ӯро ба ҳалокат бирасонад, вале ин қасд ба амал нахоҳад омад, ва ӯ аз они вай нахоҳад шуд.
18 Ва рӯи худро вай сӯи ҷазираҳо хоҳад нигаронид, ва бисьёреро аз онҳо забт хоҳад намуд, вале сарваре ба забти вай хотима дода, варо нангин хоҳад кард, бе он ки вай қасоси нанги худро тавонад аз ӯ бигирад.
19 Пас рӯи худро вай сӯи қалъаҳои замини худ хоҳад баргардонид, валекин шикаст хоҳад хӯрд ва фурӯ ғалтида, нест хоҳад шуд.
20 Ва бар тахти вай шахсе хоҳад бархост, ки золимеро бар хазинаи салтанат таъин хоҳад кард, вале дар зарфи якчанд рӯз шикаст хоҳад хӯрд, аммо на дар талоши рӯ ба рӯ ва на дар корзор.
Рӯъёи шохи майда.
21 Ва бар тахти вай манфуре хоҳад бархост, вале шавкати подшоҳиро ба ӯ нахоҳанд дод, ва ӯ хомӯшона омада, салтанатро бо тамаллуқ ба даст хоҳад овард.
22 Ва фавҷҳое ки мисли селоб бошанд, аз пеши ӯ нест шуда, шикаст хоҳанд хӯрд, ва раиси аҳду паймон низ.
23 Ва бо онҳое ки ба ӯ шарик шуда бошанд, бо фиреб рафтор хоҳад кард, ва бо ёрии мардуми камшумор дастболо ва пурзӯр хоҳад шуд.
24 Хомӯшона ба маконҳои пурсарвати мамлакат омада, он чиро, ки падаронаш ва падарони падаронаш накарда буданд, ба амал хоҳад овард; тороҷ ва ғанимат ва молу мулкро ба онҳо тақсим хоҳад кард, ва дар бораи қалъаҳо тадбирҳо хоҳад андешид, вале то расидани фурсат.
25 Ва қуввати худро афзун карда, ба лашкари бузурге табдил хоҳад дод, ва дили худро ба зидди подшоҳи Ҷануб хоҳад нигаронид, ва подшоҳи Ҷануб бо лашкари бузург ва бағоят қавӣ ба ҷанг шурӯъ хоҳад намуд, валекин истодагӣ нахоҳад кард, зеро ки ба зидди ӯ дасисаҳо хоҳанд андешид,
26 Ва онҳое ки аз суфраи ӯ нон мехӯранд, ӯро ба шикаст дучор хоҳанд кард, ва лашкари ӯ талаф хоҳад шуд, ва шаҳидони зиёде хоҳанд афтод.
27 Ва ҳар ду подшоҳ дар дилҳошон ниятҳои бад хоҳанд дошт, ва дар сари як суфра дурӯғ хоҳанд гуфт, вале дасисаи онҳо муваффақият нахоҳад ёфт, зеро ки анҷоми ӯ то вақти муайяне ақиб андохта хоҳад шуд.
28 Ва ӯ бо молу мулки зиёде ба замини худ хоҳад баргашт, ва дилаш ба аҳди муқаддас зид хоҳад буд; ва инро ба амал оварда, ба замини худ хоҳад баргашт.
29 Дар мӯҳлати муайян боз ба Ҷануб хоҳад омад, вале охираш мисли аввалаш нахоҳад буд.
30 Ва киштиҳои Киттим ба зидди ӯ хоҳанд омад, ва ӯ ноумед гардида, хоҳад баргашт, ва аз аҳди муқаддас дарғазаб шуда, ба зидди он амал хоҳад кард; ва баргашта, бо онҳое ки аҳди муқаддасро тарк кардаанд, иттифоқ хоҳад шуд.
31 Ва фавҷҳои ӯ бархоста, қудси истеҳкомро палид хоҳанд кард, ва қурбонии доимиро ботил хоҳанд намуд, ва қабоҳати харобкунандаро хоҳанд гузошт.
32 Ва ӯ онҳоеро, ки ба аҳд хиёнат кардаанд, бо тамаллуқ ба худ ҷалб хоҳад намуд; вале қавме ки Худои худро мешиносанд, қавӣ шуда, амал хоҳанд кард.
33 Ва хирадмандони қавм бисьёреро панд хоҳанд дод, вале як айёми муайян онҳо аз шамшер ва оташ ва асирӣ ва тороҷ азият хоҳанд кашид;
34 Ва дар ин азияти худ андаке кӯмак хоҳанд ёфт, ва бисьёр касон бо тамаллуқкорӣ ба онҳо ҳамроҳ хоҳанд шуд.
35 Ва баъзе аз хирадмандон пешпо хоҳанд хӯрд, то ки онҳо то фаро расидани замони охир аз гудозиш гузашта, покиза ва сафед шаванд, зеро ки мӯҳлат ҳанӯз нарасидааст.
Дар бораи замонҳои охир.
36 Ва он подшоҳ бар тибқи иродаи худ амал хоҳад кард, ва худро аз ҳар худо баландтар ва бузургтар хоҳад донист, ва дар ҳаққи Худои худоён куфр хоҳад гуфт, ва комьёб хоҳад шуд, то даме ки ғазаб ба анҷом расад, зеро ки он чи насиб шудааст, ба амал хоҳад омад.
37 Ва ӯ худои падарони худро нахоҳад шинохт, ва худои дилхоҳи занон ва ҳеҷ як худоро писанд нахоҳад кард, зеро ки худро аз ҳама бузургтар хоҳад донист.
38 Вале худои истеҳкомотро бар тахти вай иззат хоҳад кард, ва ин худоро, ки падарони ӯ намешинохтанд, бо тилло ва нуқра ва сангҳои гаронбаҳо ва хилъатҳои фохир иззат хоҳад кард.
39 Ва қалъаҳои мустаҳкаме ба исми худои бегона бино хоҳад кард, ва ба онҳое ки онро ибодат намоянд, шавкати зиёде хоҳад бахшид, ва онҳоро бар касони бисьёр ҳукмрон хоҳад сохт, ва заминро ҳамчун музд ба онҳо тақсим хоҳад намуд.
40 Ва баъд аз муддате подшоҳи Ҷануб бо ӯ муҳориба хоҳад кард, ва подшоҳи Шимол бо аробаҳо ва саворон ва киштиҳои сершумор монанди тундбоде ба вай ҳамла хоҳад овард, ва кишварҳоро мисли селобе зер карда, аз онҳо убур хоҳад намуд.
41 Ва ба замини дилписанд дохил хоҳад шуд, ва кишварҳои зиёде азият хоҳанд кашид, вале инҳо аз дасти ӯ халос хоҳанд шуд: Адӯм, Мӯоб ва сарварони банӣ‐Аммӯн.
42 Ва дасти худро ба кишварҳо дароз хоҳад кард, ва замини Миср раҳо нахоҳад шуд.
43 Ва хазоини тилло ва нуқра ва ҳамаи неъматҳои гаронбаҳои Мисрро тасарруф хоҳад намуд; ва лубиёну ҳабашиён ӯро пайравӣ хоҳанд кард.
44 Валекин овозаҳо аз шарқ ва шимол ӯро ба ҳарос хоҳад андохт, ва ӯ бо хашми азиме берун омада, бисьёреро несту нобуд хоҳад кард.
45 Ва хаймаҳои шоҳонаи худро дар миёни баҳр ва кӯҳи қудси дилпазир барпо хоҳад намуд, вале ба заволи худ хоҳад расид, ва касе нахоҳад буд, ки ӯро дастгирӣ намояд.
12БОБИ ДУВОЗДАҲУМ
Дар бораи айёми андӯҳи бузург.
1 Ва дар он замон Микоил, ин малаки бузурге ки ба муҳофизати писарони қавми ту истодааст, хоҳад бархост; ва чунон замони тангӣ хоҳад буд, ки аз вақти пайдоиши халқе то ин вақт мисли он дида нашуда бошад; ва дар он замон қавми ту, ҳамаи онҳое ки дар дафтар навишта шуда бошанд, халосӣ хоҳанд ёфт.
2 Ва бисьёре аз онҳое ки дар хоки замин хобидаанд, бедор хоҳанд шуд: баъзеҳо барои ҳаёти ҷовидонӣ, ва баъзеҳо барои нанг ва хиҷолати ҷовидонӣ.
3 Ва хирадмандон мисли дурахши афлок хоҳанд дурахшид, ва онҳое ки бисьёреро ба адолат ҳидоят намудаанд, — мисли ситорагон хоҳанд буд то абад.
Рӯъёи охирини Дониёл.
4 Аммо ту, эй Дониёл, ин суханонро пинҳон намо, ва ин китобро то замони охир мӯҳр зан; бисьёре ҷустуҷӯ хоҳанд кард, ва дониш афзоиш хоҳад ёфт».
5 Ва ман, Дониёл, назар кардам, ва инак, ду нафари дигар истодаанд: яке дар ин канори наҳр, дигаре дар он канори наҳр.
6 Ва яке аз онҳо ба марди ҷомаи катон дар бар, ки болои обҳои наҳр истода буд, гуфт: «Анҷоми ин аҷоибот кай хоҳад буд?»
7 Ва он марди ҷомаи катон дар барро, ки болои обҳои наҳр истода буд, шунидам, ки дасти рост ва дасти чапи худро сӯи осмон бардошта, ба Ҳайи Лоямут қасам хӯрд, ки то замоне ва ду замон ва нисфи замон хоҳад буд, ва ҳамин ки пора‐пора кардани қуввати қавми муқаддас тамом шавад, ҳамаи инҳо анҷом хоҳад ёфт.
8 Ва ман шунидам, вале нафаҳмидам, ва гуфтам: «Эй оғоям! Фарҷоми инҳо чӣ хоҳад буд?»
9 Ва гуфт: «Бирав, эй Дониёл, зеро ки ин суханон бояд то замони охир пинҳон ва сарбамӯҳр бошад.
10 Бисьёре покиза ва сафед хоҳанд шуд ва аз гудозиш хоҳанд гузашт, вале шарирон ба шарорат машғул хоҳанд шуд, ва ҳамаи шарирон фаҳм нахоҳанд кард; аммо хирадмандон хоҳанд фаҳмид.
11 Ва аз замони ботил кардани қурбонии доимӣ ва гузоштани қабоҳати харобкунанда ҳазору дусаду навад рӯз хоҳад гузашт.
12 Хушо касе ки интизорӣ бикашад ва ба ҳазору сесаду сиву панҷ рӯз бирасад!
13 Вале ту то охири умрат амин бош, ва баъд фароғат хоҳӣ кард, ва дар охирзамон барои гирифтани насибаи худ қиём хоҳӣ намуд».