КИТОБИ
ОМӮСИ НАБӢ
1БОБИ ЯКУМ
Доварӣ бар халқҳои ҳамсоя.
1 Суханони Омӯс, ки аз чӯпонони Тақӯо буд, ва дар айёми Узиё, подшоҳи Яҳудо, ва дар айёми Ёробъом ибни Юош, подшоҳи Исроил, ду сол пеш аз заминҷунбӣ, онҳоро дар бораи Исроил дар рӯъё дид.
2 Ва гуфт:
Худованд аз Сион наъра мезанад,
ва аз Ерусалим овози Худро мешунавонад,
ва чарогоҳҳои чӯпонон мотам мегиранд,
ва қуллаи Кармил хушк мешавад.
3 Худованд чунин мегӯяд:
«Барои се ҷинояти Димишқ,
ва барои чор ҷинояташ
ғазабамро аз он нахоҳам баргардонид,
чунки Ҷилъодро бо ғаллакӯбакҳои оҳанин кӯфтанд.
4 Ва оташе ба хонадони Ҳазоил хоҳам фиристод,
ва қасрҳои Бин‐Ҳададро фурӯ хоҳад бурд.
5 Ва ғалақаи Димишқро хоҳам шикаст,
ва сокинонро аз водии Овин,
ва дорандаи чӯбдасти салтанатро аз Байт‐Адан маҳв хоҳам кард,
ва қавми Арам ба Қир ба асирӣ хоҳанд рафт», мегӯяд Худованд.
6 Худованд чунин мегӯяд:
«Барои се ҷинояти Ғазза, ва барои чор ҷинояташ ғазабамро аз он нахоҳам баргардонид,
чунки тамоми ҷамоатро ба асирӣ бурданд,
то ки ба Адӯм таслим кунанд.
7 Ва оташе ба ҳисори Ғазза хоҳам фиристод,
ва қасрҳои онро фурӯ хоҳад бурд.
8 Ва сокинонро аз Ашдӯд,
ва дорандаи чӯбдасти салтанатро
аз Ашқалӯн маҳв хоҳам кард,
ва дасти Худро бар Эқрӯн хоҳам баргардонид,
ва бақияи фалиштиён нест хоҳанд шуд»,
мегӯяд Худованд Худо.
9 Худованд чунин мегӯяд:
«Барои се ҷинояти Сӯр, ва барои чор ҷинояташ ғазабамро аз он нахоҳам баргардонид,
чунки тамоми ҷамоати асиронро ба Адӯм таслим карданд,
ва аҳди бародариро ба ёд наоварданд.
10 Ва оташе ба ҳисори Сӯр хоҳам фиристод,
ва қасрҳои онро фурӯ хоҳад бурд».
11 Худованд чунин мегӯяд:
«Барои се ҷинояти Адӯм, ва барои чор ҷинояташ ғазабамро аз он нахоҳам баргардонид,
чунки бародари худро бо шамшер таъқиб кард,
ва раҳму шафқати худро барҳам дод,
ва хашмаш доимо шиддат меёфт,
ва ғазаби худро ҳамеша нигоҳ медошт.
12 Ва оташе ба Темон хоҳам фиристод,
ва қасрҳои Басраро фурӯ хоҳад бурд».
13 Худованд чунин мегӯяд:
«Барои се ҷинояти банӣ‐Аммӯн, ва барои чор ҷинояташон ғазабамро аз онҳо нахоҳам баргардонид,
чунки занони ҳомилаи Ҷилъодро шикамчок карданд,
то ки ҳудуди худро васеъ гардонанд.
14 Ва оташе дар ҳисори Рабба хоҳам дардод,
ва қасрҳои онро дар миёни нидоҳои рӯзи корзор,
дар тундбоди рӯзи тӯфон фурӯ хоҳад бурд.
15 Ва подшоҳи онҳо ба асирӣ хоҳад рафт, — вай,
ва миронаш ҳамроҳи вай»,
мегӯяд Худованд.
2БОБИ ДУЮМ
Давоми он.
1 Худованд чунин мегӯяд:
«Барои се ҷинояти Мӯоб, ва барои чор ҷинояташ ғазабамро аз он нахоҳам баргардонид,
чунки устухонҳои подшоҳи Адӯмро сӯзонида оҳак гардонид.
2 Ва оташе ба Мӯоб хоҳам фиристод,
ки қасрҳои Қариютро фурӯ хоҳад бурд,
ва Мӯоб дар миёни ғавғо
ва нидоҳо ва садои шох хоҳад мурд.
3 Ва доварро аз даруни он маҳв хоҳам кард,
ва ҳамаи миронашро ҳамроҳи вай хоҳам кушт», мегӯяд Худованд.
Доварӣ бар Яҳудо ва Исроил.
4 Худованд чунин мегӯяд:
«Барои се ҷинояти Яҳудо, ва барои чор ҷинояташ ғазабамро аз он нахоҳам баргардонид,
чунки шариати Худовандро тарк карданд,
ва фароизи Ӯро риоя нанамуданд,
ва бутҳои онҳо,
ки падаронашон пайравӣ мекарданд,
онҳоро дар иштибоҳ андохт.
5 Ва оташе ба Яҳудо хоҳам фиристод,
ки қасрҳои Ерусалимро фурӯ хоҳад бурд».
6 Худованд чунин мегӯяд:
«Барои се ҷинояти Исроил, ва барои чор
ҷинояташ ғазабамро аз он нахоҳам баргардонид,
чунки одилро ба нуқра, ва камбағалро дар ивази як ҷуфт кафш мефурӯшанд;
7 Муштоқи онанд, ки ғубори замин бар сари мискинон бошад,
ва бенавоёнро аз роҳ мезананд;
ва мард ва падараш назди як зан мераванд,
то ки исми қуддуси Маро беҳурмат кунанд;
8 Ва бар либосҳои гаравӣ назди ҳар қурбонгоҳ меёзанд,
ва шароби ҷазоёфтагонро дар хонаи Худои худ менӯшанд.
9 Ва ҳол он ки Ман амӯриёнро, ки мисли арзҳо баландқомат
ва мисли булутҳо бақувват буданд, пеши онҳо маҳв намудам;
ва меваи онҳоро аз боло ва решаҳои онҳоро аз поён нест кардам.
10 Ва Ман шуморо аз замини Миср берун овардам,
ва шуморо дар биёбон чил сол бурдам,
то ки замини амӯриёнро тасарруф намоед.
11 Ва аз писарони шумо анбиёро,
ва аз ҷавонони шумо назиронро ба миён овардам.
Оё ҳамин тавр нест, эй банӣ‐Исроил?» — мегӯяд Худованд.
12 «Валекин шумо назиронро шароб нӯшонидед,
ва ба анбиё фармон дода, гуфтед, ки „нубувват накунед“.
13 Инак, Ман шуморо дар ҷое ки мебошед, фишор хоҳам дод,
чунон ки аробаи пур аз бандҳои гандум фишор медиҳад.
14 Ва барои тезрав ҷои гурез нахоҳад буд,
ва зӯровар бо қуввати худ ғолиб нахоҳад шуд,
ва паҳлавон ҷонашро ба саломат нахоҳад бурд.
15 Ва камондор истодагӣ нахоҳад кард,
ва тезпо раҳо нахоҳад ёфт,
ва аспсавор ҷонашро ба саломат нахоҳад бурд.
16 Ва касе ки ҷасуртарини паҳлавонон бошад,
дар он рӯз бараҳна хоҳад гурехт»,
мегӯяд Худованд.
3БОБИ СЕЮМ
Каломи Худованд дар ҳаққи тамоми хонадони Яъқуб.
1 Ин каломро бишнавед, ки Худованд дар ҳаққи шумо, эй банӣ Исроил, дар ҳаққи ҳар қабилае ки аз замини Миср берун овардаам, ба забон ронда, гуфтааст:
2 «Фақат шуморо Ман аз ҳамаи қабилаҳои замин шинохтам,
бинобар ин шуморо барои ҳамаи гуноҳҳотон ба ҷазо мустаҳиқ хоҳам кард.
3 Оё ду кас якҷоя роҳ мераванд,
бе он ки маслиҳатро ба як ҷо монда бошанд?
4 Оё шер дар ҷангал наъра мезанад, агар нахҷире пеши вай набошад?
Оё шербача садояшро аз лонаи худ мебарорад, агар сайде ба даст наоварда бошад?
5 Оё мурғ ба доми рӯи замин меафтад, агар тузоқе барои вай набошад?
Оё дом аз рӯи замин бардошта мешавад, агар чизе дар он наафтода бошад?
6 Агар дар шаҳр шох навохта шавад, оё қавм ба изтироб намеоянд?
Агар бар шаҳр мусибате ояд, оё онро Худованд ба амал наовардааст?
7 Оре, Худованд Худо коре намекунад,
бе он ки сирри Худро ба бандагонаш анбиё ошкор созад.
8 Шер наъра задааст, — кист, ки ҳаросон нашавад?
Худованд Худо сухан рондааст, — кист, ки нубувват накунад?»
9 Бар қасрҳои Ашдӯд ва бар қасрҳои замини Миср эълон намоед ва бигӯед:
«Бар кӯҳҳои Сомария ҷамъ шавед,
ва бетартибиҳои зиёдеро, ки андаруни он аст,
ва ситамҳоеро, ки дар миёни он аст, бубинед».
10 «Ва онҳо росткориро намедонанд»,
мегӯяд Худованд,
«самараи зулм ва тороҷро дар қасрҳои худ захира мекунанд».
11 Бинобар ин Худованд Худо чунин мегӯяд:
«Душман омада, дар гирдогирди замин ҷойгир хоҳад шуд;
ва шукӯҳи туро аз ту фурӯд хоҳад овард,
ва қасрҳои ту гирифтори тороҷ хоҳад шуд».
12 Худованд чунин мегӯяд: «Чунон ки чӯпон ду соқи по ё нармаи гӯшро аз даҳони шер раҳо мекунад,
ончунон банӣ‐Исроил, ки дар Сомария бар гӯшаи бистар
ва бар ҷогаҳи димишқӣ нишастаанд, раҳо хоҳанд шуд».
13 «Бишнавед ва ба хонадони Яъқуб шаҳодат диҳед»,
мегӯяд Худованд Худо, Худои лашкарҳо,
14 «Зеро дар рӯзе ки Ман Исроилро барои ҷиноятҳояш ба ҷазо мустаҳиқ намоям,
барои қурбонгоҳҳои Байт‐Ил низ ба ҷазо мустаҳиқ хоҳам намуд,
ва шохҳои қурбонгоҳ шикаста, бар замин хоҳад афтод.
15 Ва хонаи зимистониро бо якҷоягии хонаи тобистонӣ хароб хоҳам кард,
ва хонаҳои оҷ талаф хоҳад шуд,
ва хонаҳои бисьёр нест хоҳад гардид», мегӯяд Худованд.
4БОБИ ЧОРУМ
Қурбониҳои дар Байт‐Ил овардашуда сабаби ғазаби Худованд гардидааст.
1 «Ин каломро бишнавед, эй модаговони Бошон, ки бар кӯҳи Сомария буда,
бенавоёнро зулм мекунед, камбағалонро ба танг меоваред ва ба оғоёни худ мегӯед:
„Биёред, то ки бинӯшем!“
2 Худованд Худо бо қудсияти Худ қасам хӯрдааст,
ки инак, айёме бар шумо меояд,
ки шуморо бо чангчаҳо хоҳанд кашид,
ва бақияи шуморо — бо қалмоқҳои моҳигирӣ.
3 Ва ҳар яке аз шумо аз рахнаи рӯ ба рӯяш берун хоҳад рафт,
ва ҳарамсарои худро тарк хоҳад кард», мегӯяд Худованд.
4 «Ба Байт‐Ил биёед ва ҷиноят кунед,
ба Ҷилҷол омада, ҷиноятро афзун намоед,
ва бомдодон қурбониҳои худро биёред,
ва дар ҳар се рӯз — ушрҳои худро.
5 Ва аз хамири туруш ҳадияи шукрона биёред,
ва ҳадияҳои ихтиёриро нидокунон эълон намоед,
зеро ки инро шумо, эй банӣ‐Исроил, дӯст медоред»,
мегӯяд Худованд Худо.
6 «Ва Ман низ тозагии дандонҳоро дар ҳамаи шаҳрҳотон,
ва камии нонро дар ҳамаи маконҳотон ба шумо додам,
валекин сӯи Ман барнагаштед», мегӯяд Худованд.
7 «Ва Ман низ, вақте ки то дарав се моҳ монда буд,
боронро аз шумо боздоштам, ва бар як шаҳр боронидам,
ва бар шаҳри дигар наборонидам;
як қитъаи саҳро шодоб гардид, ва қитъаи дигар,
ки борон бар он наборид, хушк шуд.
8 Ва аҳли ду‐се шаҳр сӯи як шаҳр барои нӯшидани об равона шуданд, вале сер нашуданд;
валекин сӯи Ман барнагаштед», мегӯяд Худованд.
9 «Шуморо бо боди самум ва хушкоӣ зарба задам;
аксари боғҳо ва токҳо ва дарахтони анҷир ва зайтуни шуморо малах хӯрд;
валекин сӯи Ман барнагаштед», мегӯяд Худованд.
10 «Ваборо аз қабили он ки дар Миср воқеъ шудааст, бар шумо фиристодам;
ҷавонони шуморо ба дами шамшер куштам,
дар сурате ки аспҳотон ба асирӣ афтод;
ва тааффуни ӯрдуҳои шумо баромада, ба димоғатон зад;
валекин сӯи Ман барнагаштед», мегӯяд Худованд.
11 «Андаруни шумо харобӣ ба амал овардам,
монанди харобие ки Худо дар Садӯм ва Амӯро
ба амал овардааст,
ва шумо мисли кундаи нимсӯхтае будед, ки аз миёни оташ бароварда шуда бошад;
валекин сӯи Ман барнагаштед», мегӯяд Худованд,
12 «Бинобар ин бо ту, эй Исроил, чунин амал хоҳам кард;
ва азбаски бо ту чунин амал хоҳам кард, ту,
эй Исроил,
худро омода намо, ки бо Худои худ рӯ ба рӯ шавӣ».
13 Зеро, инак Ӯ, ки кӯҳҳоро ба вуҷуд овардааст
ва бодро офаридааст,
ва ба одамизод фикрҳои Худро хабар медиҳад,
рӯшноӣ ва зулмотро ба амал меоварад,
ва бар баландиҳои замин қадамгузор мешавад,
— Худованд Худои лашкарҳо исми Ӯст.
5БОБИ ПАНҶУМ
Андӯҳи Худованд дар бораи Исроил.
1 Ин каломро, ки ман дар ҳаққи шумо, эй хонадони Исроил, ҳамчун марсия ба забон меронам, бишнавед:
2 Дӯшизаи Исроил фурӯ ғалтидааст ва дигар нахоҳад бархост;
бар замини худаш партофта шудааст,
ва касе нест, ки варо бархезонад.
3 Зеро ки Худованд Худо чунин мегӯяд:
«Аз шаҳре ки бо ҳазор нафар берун меояд,
сад нафар барои хонадони Исроил боқӣ хоҳанд монд,
ва аз шаҳре ки бо сад нафар берун меояд,
даҳ нафар боқӣ хоҳанд монд».
4 Зеро ки Худованд ба хонадони Исроил чунин мегӯяд:
«Маро толиб бошед, ва хоҳед зист.
5 Вале Байт‐Илро толиб набошед, ва ба Ҷилҷол наоед,
ва ба Беэр‐Шобаъ нагузаред,
зеро ки Ҷилҷол ба асирӣ хоҳад рафт,
ва Байт‐Ил ба ҳеҷу пуч мубаддал хоҳад шуд».
6 Худовандро толиб бошед, ва хоҳед зист;
мабодо ғазаби Ӯ мисли оташ дар хонадони Юсуф даргирифта,
варо фурӯ барад, ва касе набошад,
ки онро дар Байт‐Ил хомӯш кунад.
7 Эй, ки инсофро ба явшон мубаддал менамоед,
ва адолатро бар замин мепартоед!
8 Ӯ, ки Парвин ва Ҷабборро офаридааст,
ва зулмотро ба субҳ табдил медиҳад,
ва рӯзро шаби торик мегардонад,
ва обҳои баҳрро даъват менамояд,
ва онҳоро бар рӯи замин мерезад, —
Худованд исми Ӯст.
9 Ӯ ҳалокатро бар зидди зӯровар қувват медиҳад,
ва ҳалокат ба қалъа дохил мешавад.
10 Аз касе ки дар маҳкама далел меоварад,
кароҳат доранд, ва аз шахси ростгӯй нафрат мекунанд.
11 Бинобар ин, азбаски бенаворо поймол кардед,
ва аз ғаллаи вай хироҷ гирифтед, —
хонаҳо аз санги тарошида хоҳед сохт,
вале дар онҳо сокин нахоҳед шуд;
токҳои дилпазир хоҳед парварид,
вале шароби онҳоро нахоҳед нӯшид,
12 Зеро медонам, ки ҷиноятҳои шумо чӣ қадар бисьёр,
ва гуноҳҳои шумо чӣ қадар азим аст:
шахси одилро ба танг меоваред, ришва мегиред,
ва нисбат ба камбағалон дар маҳкама каҷкорӣ мекунед.
13 Бинобар ин шахси бохирад дар ин замон хомӯш мемонад,
зеро ки замони бад аст.
14 Некиро толиб бошед, на бадиро, то ки зист кунед;
ва он гоҳ Худованд Худои лашкарҳо бо шумо хоҳад буд, чунон ки мегӯед.
15 Аз бадӣ нафрат кунед ва некиро дӯст доред,
ва инсофро дар маҳкама аз нав барқарор намоед;
шояд Худованд Худои лашкарҳо бар бақияи Юсуф марҳамат кунад.
Рӯзи Худованд.
16 Бинобар ин Худованд Худо, Худои лашкарҳо чунин мегӯяд:
«Дар ҳамаи майдонҳо навҳа хоҳад буд,
ва дар ҳамаи кӯчаҳо хоҳанд гуфт: „Ҳайҳот! Ҳайҳот!“
Ва зироаткорро барои мотам гирифтан,
ва навҳагаронро барои навҳа кардан хоҳанд хонд.
17 Ва дар ҳамаи токзорҳо навҳа хоҳад буд,
зеро ки Ман андаруни ту хоҳам гузашт», мегӯяд
Худованд.
18 Вой ба ҳоли муштоқони рӯзи Худованд!
Ин рӯзи Худованд ба шумо барои чӣ лозим аст?
Он торикист ва на рӯшноӣ.
19 Мисли ин ки касе аз шер гурехта,
ба хирс дучор шавад, ва ба хона даромада,
дасташро ба девор бимонад, ва море ӯро бигазад.
20 Охир, рӯзи Худованд торикист ва на рӯшноӣ,
ва тирагист, ва дурахше дар он нест.
Қурбониҳо бидуни адолати ҳақиқӣ — қабоҳат аст пеши Худованд.
21 «Ман аз идҳои шумо кароҳат ва нафрат дорам,
ва қурбониҳои шуморо дар маҷлисҳои қавматон қабул нахоҳам кард.
22 Ҳатто агар қурбониҳои сӯхтанӣ ва ҳадияҳои ордии худро барои Ман биёред,
онҳо дилхоҳи Ман нахоҳад буд,
ва ба қурбонии шукронаи говони парвории шумо назар нахоҳам андохт.
23 Ғавғои сурудҳои худро аз Ман дур кун,
ва навозиши барбатҳои туро Ман гӯш нахоҳам кард.
24 Бигзор инсоф мисли об,
ва адолат мисли наҳри бепоён ҷӯш зада ҷорӣ гардад!
25 Оё шумо, эй хонадони Исроил,
дар биёбон дар зарфи чил сол қурбониҳо
ва ҳадияҳо барои Ман овардед?
26 Балки Сиккути малики худ ва Кийюни бути худ,
яъне кавкаби худоёни худро,
ки барои худ сохта будед, бардошта гаштед.
27 Ва шуморо Ман ҷалои ватан карда,
ба он тарафи Димишқ хоҳам ронд»,
мегӯяд Худованд,
ки Худои лашкарҳо исми Ӯст.
6БОБИ ШАШУМ
Вой ба ҳоли онҳое ки дар Сион бепарво мебошанд.
1 Вой ба ҳоли онҳое ки дар Сион бепарво
ва дар кӯҳи Сомария дилпур мебошанд, —
ин нақибони халқи хуҷиста,
ки хонадони Исроил назди онҳо меоянд!
2 Ба Кална убур намоед ва бубинед,
ва аз он ҷо ба Ҳамоти бузург биравед,
ва ба Ҷати фалиштиён фурӯд оед:
оё онҳо аз ин мамлакатҳо беҳтаранд?
Оё ҳудуди инҳо аз ҳудуди шумо зиёдтар аст?
3 Онҳое ки рӯзи бадро дур меандозанд,
ва ҳокимияти ситамро наздик меоваранд;
4 Онҳое ки бар ҷогаҳои оҷ мехобанд,
ва бар бистарҳои худ меёзанд,
ва барраҳои фарбеҳро аз миёни рама
ва гӯсолаҳоро аз пеши охур гирифта мехӯранд;
5 Онҳое ки бо навозиши барбат месароянд,
ба гумони он ки мисли Довуд барои худ асбоби мусикӣ ихтироъ мекунанд;
6 Онҳое ки аз косаҳо шароб менӯшанд,
ва худро бо равғанҳои беҳтарин
тадҳин менамоянд,
ва дар бораи шикасти Юсуф
афсӯс намехӯранд, —
7 Бинобар ин онҳо акнун дар сари асирон ба асирӣ хоҳанд рафт,
ва шавқуни айёшон хотима хоҳад ёфт.
8 Худованд Худо ба Зоти Худ қасам мехӯрад,
ва Худованд Худои лашкарҳо мегӯяд:
«Ман аз ифтихори Яъқуб кароҳат дорам,
ва аз қасрҳои ӯ нафрат менамоям,
ва шаҳрро бо ҳар чи дар он аст, таслим хоҳам кард».
9 Ва чунин воқеъ хоҳад шуд, ки агар даҳ одам дар як хона боқӣ монда бошанд, онҳо низ хоҳанд мурд.
10 Ва ҳангоме ки варо хешованди вай ва сӯзонандаи вай бардорад, то ки устухонҳоро аз хона берун оварад, ва ба касе ки дар як гӯшаи хона бошад, бигӯяд: «Оё боз касе бо ту ҳаст?», вай ҷавоб хоҳад дод: «Ҳеҷ кас нест»; ва ӯ хоҳад гуфт: «Хомӯш бош! — то ки исми Худованд зикр карда нашавад».
11 Зеро инак, Худованд амр мефармояд, ва хонаи калон гард‐гард мешавад, ва хонаи хурд — пора‐пора.
12 Оё аспон бар сахра метозанд?
Оё онро бо говҳо шудгор кардан мумкин аст?
Зеро ки шумо инсофро ба гиёҳи заҳрдор табдил додаед,
ва самари адолатро — ба явшон.
13 Шумо, ки аз ночизе шод мешавед ва мегӯед:
«Оё бо қуввати худ шохҳо барои худ ба даст наовардем?» —
14 «Инак Ман», мегӯяд Худованд Худои лашкарҳо,
«халқеро бар зидди шумо, эй хонадони Исроил, бармеангезам,
ва шуморо аз даромадгоҳи Ҳамот то наҳри Аробо ба танг хоҳанд овард».
7БОБИ ҲАФТУМ
Се рӯъё дар бораи доварии оянда бар Исроил.
1 Худованд Худо ба ман чунин рӯъёро намоён кард, ва инак, дар ибтидои рӯидани алафи бевақтӣ Ӯ малахро ба вуҷуд овард, ва ин алафе буд баъд аз даравидани алафи подшоҳ.
2 Ва ҳангоме ки вай алафи заминро хӯрда тамом кард, ман гуфтам:
«Худоё Худовандо! Лутфан, марҳамат намо!
Чӣ гуна Яъқуб қомат рост кунад? Вай бағоят хурд аст».
3 Худованд аз ин пушаймон гардид.
«Ин тавр нахоҳад шуд!» — гуфт Худованд.
4 Худованд Худо ба ман чунин рӯъёро намоён кард, ва инак Худованд Худо оташро хонд, ки доварӣ намояд, ва вартаи азимро фурӯ бурд, ва қитъаи саҳроро сӯзонид.
5 Ва ман гуфтам:
«Худоё Худовандо! Лутфан, боздор!
Чӣ гуна Яъқуб қомат рост кунад? Вай бағоят хурд аст».
6 Худованд аз ин пушаймон гардид.
«Ин тавр низ нахоҳад шуд!» — гуфт Худованд Худо.
7 Ба ман чунин рӯъёро намоён кард, ва инак Худованд бар девори амӯдӣ истода буд, ва шоқуле дар дасташ буд.
8 Ва Худованд ба ман гуфт: «Эй Омӯс, чӣ мебинӣ?» Гуфтам: «Шоқуле». Ва Худованд гуфт:
«Инак, шоқуле дар миёни қавми Худ Исроил мегузорам, ва дигар аз гуноҳашон гузароӣ нахоҳам кард.
9 Ва баландиҳои Исҳоқ валангор,
ва қудсҳои Исроил хароб хоҳад шуд,
ва бар хонадони Ёробъом бо шамшер қиём хоҳам кард».
Коҳини Байт‐Ил Омӯсро пеши подшоҳ айбдор мекунад.
10 Ва Амасьё, коҳини Байт‐Ил, назди Ёробъом, подшоҳи Исроил, кас фиристод, то бигӯяд: «Омӯс дар миёни хонадони Исроил бар зидди ту ошӯб меандозад; замин наметавонад ҳамаи суханони ӯро гунҷоиш диҳад;
11 Зеро ки Омӯс чунин мегӯяд: „Ёробъом ба дами шамшер хоҳад мурд, ва Исроил аз замини худ ба асирӣ бурда хоҳад шуд“».
12 Ва Амасьё ба Омӯс гуфт: «Эй валӣ! Рафта ба замини Яхудо бигрез, ва дар он ҷо нон бихӯр, ва дар он ҷо нубувват намо;
13 Валекин дар Байт‐Ил дигар нубувват накун, зеро ки қудси подшоҳ аст он, ва хонаи салтанат аст он».
14 Ва Омӯс ҷавоб гардонда, ба Амасьё гуфт: «Ман на набӣ ҳастам ва на писари набӣ, балки рамабон будам ва дарахтони ҷумизро меҷустам.
15 Ва Худованд маро аз хизмати гӯсфандон гирифт, ва Худованд ба ман гуфт: „Рафта, ба қавми Ман Исроил нубувват намо“.
16 Ва акнун каломи Худовандро бишнав: ту мегӯӣ: „Дар ҳаққи Исроил нубувват накун ва дар ҳаққи хонадони Исҳоқ сухан нарон“.
17 Бинобар ин Худованд чунин мегӯяд: „Зани ту дар шаҳр гирифтори зино хоҳад шуд, ва писарону духтарони ту ба дами шамшер хоҳанд афтод, ва замини ту бо риштаи андоза тақсим карда хоҳад шуд, ва ту бар замини нопок хоҳӣ мурд, ва Исроил аз замини худ ба асирӣ бурда хоҳанд шуд“».
8БОБИ ҲАШТУМ
Сабади пур аз меваҷот — аломати заволи наздики Исроил.
1 Худованд Худо ба ман чунин рӯъёро намоён кард, ва инак, сабаде пур аз меваҷот.
2 Ва Ӯ гуфт: «Эй Омӯс, ту чӣ мебинӣ?» Гуфтам: «Сабаде пур аз меваҷот». Ва Худованд ба ман гуфт: «Заволи қавми Ман Исроил фаро расидааст; дигар аз гуноҳашон гузароӣ нахоҳам кард.
3 Ва сурудҳои қаср дар он рӯз ба навҳа табдил хоҳад ёфт», мегӯяд Худованд Худо, «лошаҳо бисьёр хоҳад шуд, ва дар ҳар ҷо онҳоро хомӯшона берун хоҳанд партофт».
4 Инро бишнавед, эй муштоқони поймол кардани мискинон ва маҳв сохтани бенавоёни замин,
5 Ки мегӯед:
«Навмоҳ кай мегузарад, то ки ғалларо бифрӯшем;
ва шанбе кай мегузарад, то ки анборҳои ғалларо бикшоем,
вазнро кам ва қиматро зиёд кунем,
ва бо тарозуи нодуруст фиреб диҳем,
6 Бенавоёнро ба нуқра,
ва мискинонро дар ивази як ҷуфт кафш бихарем,
ва пасмондаи ғалларо бифрӯшем».
7 Худованд ба ифтихори Яъқуб қасам хӯрдааст:
«Ҳеҷ яке аз аъмоли онҳоро ҳаргиз фаромӯш нахоҳам кард!
8 Оё ба ин сабаб замин ба ҷунбиш нахоҳад омад,
ва ҳар сокини он мотам нахоҳад гирифт?
Ва он сар то сараш мисли наҳр баланд хоҳад шуд,
ва мисли дарьёи Нили Миср туғьён хоҳад кард
ва фурӯ хоҳад нишаст».
9 «Ва дар он рӯз чунин воқеъ хоҳад шуд», мегӯяд Худованд Худо,
«ки ғуруби офтобро дар нисфи рӯз ба амал хоҳам овард,
ва заминро дар айни рӯзи равшан торик хоҳам кард.
10 Ва идҳои шуморо ба мотам,
ва ҳамаи сурудҳои шуморо ба навҳа табдил хоҳам дод,
ва бар ҳар камар палос,
ва бар ҳар сар бемӯӣ хоҳам овард,
ва инро мисли мотами фарзанди ягона,
ва охирашро мисли рӯзи талх хоҳам гардонид.
11 Инак айёме меояд», мегӯяд Худованд Худо,
«ки гуруснагӣ бар замин хоҳам фиристод, —
аммо на гуруснагӣ аз нон ва на ташнагӣ аз об,
балки аз шунидани суханони Худованд.
12 Ва аз баҳр то баҳр,
ва аз шимол то шарқ ҳаракат хоҳанд кард:
гаштугузор намуда, каломи Худовандро ҷустуҷӯ хоҳанд кард,
вале онро нахоҳанд ёфт.
13 Дар он рӯз дӯшизагони соҳибҷамол
ва ҷавонон аз ташнагӣ беҳуш хоҳанд шуд;
14 Онҳое ки ба гуноҳи Сомария қасам хӯрда,
мегӯянд: „Ба ҳаёти худои ту, эй Дон!“
ва „Ба ҳаёти худои Беэр‐Шобаъ!“, —
фурӯ хоҳанд ғалтид ва дигар нахоҳанд бархост».
9БОБИ НӮҲУМ
Нубуввати охирин дар бораи парокандагӣ.
1 Худовандро дидам, ки назди қурбонгоҳ истода буд, ва гуфт:
«Сарҳои сутунҳоро бизан, то ки остонаҳо ба ларза ояд,
ва онҳоро бар сари ҳама бишкан, ва боқимондагонро Ман ба дами шамшер хоҳам кушт:
гурезпое аз онҳо нахоҳад гурехт,
ва наҷотталабе аз онҳо наҷот нахоҳад ёфт.
2 Агар дӯзахро рахна карда фурӯд оянд,
дасти Ман онҳоро аз он ҷо хоҳад гирифт;
ва агар ба осмон сууд кунанд,
онҳоро аз он ҷо фурӯд хоҳам овард.
3 Ва агар дар куллаи Кармил пинҳон шаванд,
онҳоро аз он ҷо ҷустуҷӯ намуда, хоҳам гирифт;
ва агар аз пеши назарам дар қаъри баҳр руст шаванд,
дар он ҷо морро амр хоҳам фармуд, ки онҳоро бигазад.
4 Ва агар пешопеши душманони худ ба асирӣ бираванд,
дар он ҷо шамшерро амр хоҳам фармуд, ки онҳоро бикушад,
ва Ман чашми Худро бар онҳо барои бадӣ хоҳам нигаронид, ва на барои некӣ».
5 Ва Худованд Худои лашкарҳо чун ба замин бирасад,
он гудохта мешавад, ва ҳамаи сокинонаш мотам мегиранд,
ва он сар то сараш мисли наҳр баланд мешавад,
ва мисли дарьёи Нили Миср фурӯ менишинад.
6 Ӯ кӯшкҳои Худро дар осмон бино кардааст,
ва гунбази Худро бар замин барпо намудааст;
Ӯ обҳои баҳрро даъват мекунад,
ва онҳоро бар рӯи замин фурӯ мерезад;
исми Ӯ Худованд аст.
7 «Оё шумо, эй банӣ‐Исроил,
барои Ман мисли писарони ҳабашиён нестед?»
— мегӯяд Худованд. —
«Оё Исроилро аз замини Миср, ва фалиштиёнро аз Кафтӯр,
ва арамиёнро аз Қир берун наовардам?
8 Инак, чашмони Худованд Худо бар мамлакати гуноҳкор аст,
ва Ман онро аз рӯи замин маҳв хоҳам кард;
аммо хонадони Яъқубро куллиятан талаф нахоҳам кард», мегӯяд Худованд.
9 «Зеро инак, Ман амр хоҳам фармуд,
ва хонадони Исроилро дар миёни ҳамаи халқҳо хоҳам бехт,
чунон ки ғалла дар ғалбер бехта мешавад,
ва сангчае бар замин намеафтад.
10 Ҳамаи гуноҳкорони қавми Ман ба дами шамшер хоҳанд мурд,
яъне онҳое ки мегӯянд: „Ин офат ба мо нахоҳад расид ва ба сари мо нахоҳад омад“.
Аз нав барқарор кардани салтанати Довуд.
11 Дар он рӯз Ман хаймаи Довудро, ки фурӯ ғалтидааст,
аз нав барпо хоҳам намуд, ва рахнаҳояшро таъмир хоҳам кард,
ва харобиҳояшро аз нав барқарор хоҳам намуд,
ва онро мисли айёми қадим бино хоҳам кард,
12 То ки онҳо бақияи Адӯм ва ҳамаи халқҳоеро,
ки исми Ман бар онҳо ниҳода шудааст,
тасарруф намоянд», мегӯяд Худованд, ки инро ба амал меоварад.
13 «Инак, айёме меояд», мегӯяд Худованд,
«ки шудгоркунанда ба даравгар дучор хоҳад омад,
ва пахшкунандаи ангур — ба коранда;
ва кӯҳҳо шираи ангурро хоҳад чаконид,
ва бар ҳамаи теппаҳо шир ҷорӣ хоҳад шуд.
14 Ва асирони қавми Худ Исроилро хоҳам баргардонид,
ва онҳо шаҳрҳои валангоршударо бино карда,
дар онҳо сокин хоҳанд шуд, ва токҳо шинонда,
шароби онҳоро хоҳанд нӯшид, ва боғҳо парвариш намуда,
меваи онҳоро хоҳанд хӯрд,
15 Ва Ман онҳоро дар заминашон хоҳам шинонд,
ва онҳо дигар аз заминашон,
ки ба онҳо додаам, канда нахоҳанд шуд»,
мегӯяд Худованд Худои ту.