НОМАИ ДУЮМИ

ҲАВВОРИИ МУҚАДДАС ПАВЛУС

БА ТИМОТИЮС

1

БОБИ ЯКУМ

Худо имондорро дар қувват, муҳаббат ва парҳезгорӣ мустаҳкам мекунад.

1 Павлус, ҳаввории Исои Масеҳ бо иродаи Худо, ба ҳасби ваъдаи ҳаёт, ки дар Исои Масеҳ аст,

2 Ба Тимотиюс, фарзанди маҳбубам: файз, марҳамат ва осоиштагӣ аз ҷониби Худои Падар ва Худованди мо Исои Масеҳ бод.

3 Шукргузорӣ менамоям Худоеро, ки чун аҷдоди худ бо виҷдони пок ба Ӯ ибодат мекунам, барои он ки ҳамеша туро дар дуоҳоям шабу рӯз ба ёд меоварам.

4 Шавқманди дидори ту ҳастам, — дар ҳолате ки ашкҳои туро дар хотир дорам, — то аз шодӣ пур шавам,

5 Зеро ки имони бериёи туро, ки пештар дар модаркалонат Лӯид ва модарат Авниқо сокин буд, ба ҳотир меоварам ва яқин дорам, ки он дар ту низ сокин аст.

6 Ба ин сабаб ба ту хотиррасон мекунам, ки он бахшоиши Худоро, ки ба василаи гузоштани дастҳои ман дар туст, авҷ гиронӣ;

7 Зеро ки Худо ба мо на рӯҳи тарсу ҳаросро, балки рӯҳи қувват ва муҳаббат ва парҳезгорӣ додааст.

8 Пас, на аз шаҳодат додан ба Худованди мо ва на аз ман, ки бандии Ӯ ҳастам, ор дор, балки барои башорат ба ҳасби қуввати Худо уқубат бикаш,

9 Ки Ӯ моро наҷот додааст ва ба даъвати муқаддас хондааст, на бар тибқи аъмоли мо, балки ба ҳасби таъиноти Худ ва ба ҳасби он файзе ки ба мо аз азал дар Исои Масеҳ ато шудааст,

10 Вале алҳол ба василаи зуҳури Наҷотдиҳандаи мо Исои Масеҳ ошкор гардидааст, ки Ӯ мамотро ботил намуд ва ҳаёт ва бефаноиро ба воситаи башорат дураҳшон кард,

11 Ки барои он ман воиз ва ҳавворӣ ва муаллими халқҳо таъин шудаам.

12 Ба ин сабаб ман чунин уқубат мекашам, лекин ор намедорам, зеро медонам, ки ба Кӣ имон овардаам, ва ман яқин дорам, ки Ӯ қодир аст амонати маро то он рӯз нигоҳ дорад.

13 Намунаи суханони солимро, ки аз ман шунидаӣ, бо имон ва муҳаббате ки дар Исои Масеҳ аст, пайравӣ намо.

14 Он амонати некро ба воситаи Рӯҳулқудсе ки дар мо сокин аст, нигоҳ дор.

Ҳамкорони бовафо ва бевафои Павлус.

15 Ту медонӣ, ки ҳамаи онҳое ки дар вилояти Осиё ҳастанд, маро тарк карданд; аз он ҷумла Фуҷлус ва Ҳармуҷнис.

16 Худованд ба аҳли ҳонаи Анисифӯрус марҳамат намояд барои он ки ӯ чандин бор маро дилдорӣ дод ва аз занҷирҳоям хиҷил нашуд,

17 Балки, ҳангоме ки ба Рум омад, бо ҷидду ҷаҳди зиёде маро ҷустуҷӯ намуда, ёфт.

18 Худованд ба ӯ ато фармояд, ки ба ҳузури Худованд дар он рӯз марҳамат пайдо кунад. Ва хизмати бисьёреро, ки ӯ дар Эфсӯс барои ман кардааст, ту хубтар медонӣ.

2

БОБИ ДУЮМ

Касе ки ба Исо имон дорад, бояд бо файз қавӣ бошад ва адолат, имон, муҳаббат ва осоиштагиро пайравӣ намояд.

1 Пас, эй фарзандам, бо файзе ки дар Исои Масеҳ аст, қавӣ бош.

2 Ва он чиро, ки аз ман дар ҳузури шоҳидони бисьёр шунидаӣ, ба одамони мӯътамаде бисупор, ки лаёқат дошта бошанд дигаронро низ таълим диҳанд.

3 Ҳамчун сарбози неки Исои Масеҳ ба уқубатҳо тоб овар.

4 Ҳеҷ сарбоз худро бо корҳои рӯзгор банд намекунад, то ки ба сипаҳсолор писанд афтад.

5 Ва агар касе мубориза кунад ҳам, соҳиби тоҷ намешавад, агар ғайриқонунӣ мубориза карда бошад.

6 Зироаткори меҳнаткаш бояд аввалин шахс бошад, ки аз ҳосил баҳра барад.

7 Он чи мегӯям, бифаҳм ва Худованд дар ҳама чиз ба ту фаҳм хоҳад дод.

8 Исои Масеҳро дар хотир нигоҳ дор, ки аз насли Довуд буд ва аз мурдагон эҳьё шуд, ба ҳасби башорати ман,

9 Ки барои он, мисли бадкоре, то ба дараҷаи занҷирҳо уқубат мекашам, аммо каломи Худо ба занҷирҳо банд нест.

10 Бинобар ин ман ба ҳар чиз ба хотири баргузидагон сабр мекунам, то ки онҳо низ ба наҷоте ки дар Исои Масеҳ аст, бо ҷалоли абадӣ ноил шаванд.

11 Дуруст аст ин суҳан: агар бо Ӯ мурда бошем, бо Ӯ зиндагӣ ҳам хоҳем кард;

12 Агар тоқат оварем, бо Ӯ салтанат ҳам хоҳем ронд; вале агар инкор кунем, Ӯ низ моро инкор хоҳад кард;

13 Агар мо бевафо бошем, Ӯ вафодор аст, зеро ки Худро инкор карда наметавонад.

Огоҳонидан аз баҳсу мунозираи бефоида.

14 Ҳаминро хотиррасон карда, ба ҳузури Худованд ба онҳо дастур деҳ, ки ба баҳсу мунозира машғул нашаванд, ки он ҳеҷ фоида намебахшад, балки шунавандагонро парешонхотир месозад.

15 Саъю кӯшиш намо, ки худро ба Худо муносиб нишон диҳӣ, ҳамчун коркуне ки хиҷил намешавад ва каломи ростиро дуруст мавъиза мекунад.

16 Вале аз ёвагӯии ношоям канорагирӣ намо; зеро ки ин кор мардумро боз ҳам зиёдтар ба маъсият гирифтор хоҳад кард,

17 Ва суханашон, ҳамчун мараз, паҳн хоҳад шуд. Дар миёни онҳо Ҳумниюс ва Филитус ҳастанд,

18 Ки аз ростӣ дур шуда, мегӯянд, ки «эҳьё аллакай воқеъ шудааст», ва имони баъзеро хароб мекунанд.

Калисои ҳақиқӣ устувор аст.

19 Аммо буньёди матини Худо қоим аст ва чунин мӯҳре дорад: «Худованд мансубони Худро мешиносад»; ва боз: «Ҳар кӣ исми Худовандро мехонад, бигзор аз шарорат канорагирӣ намояд».

20 Вале дар хонаи калон на танҳо зарфҳои тилло ва нуқра, балки чӯбин ва гилин ҳам ҳаст, ва аз онҳо баъзе барои истеъмоли иззатнок аст, ва баъзе барои истеъмоли зиллатнок.

21 Пас, ҳар кӣ худро аз инҳо пок кунад, зарфе барои истеъмоли иззатнок хоҳад буд, ки он муқаддас ва қобили истифодаи соҳибаш мебошад ва тайёр ба ҳар амали нек.

Дар бораи рафтори дуруст.

22 Аз шаҳавоти ҷавонӣ бигрез ва бо ҳамаи онҳое ки Худовандро аз самими қалб мехонанд, аз паи адолат, имон, муҳаббат ва осоиштагӣ бирав.

23 Аз мубоҳисаҳои аблаҳона ва ҷоҳилона канорагирӣ намо, чун медонӣ, ки онҳо ҷанҷолҳоро ба вуҷуд меоваранд;

24 Лекин бандаи Худованд набояд ҷанҷол кунад, балки бо ҳама меҳрубон, омӯзгор ва сабур бошад,

25 Бо фурӯтанӣ мухолифонро насиҳат диҳад, ки шояд Худо ато фармояд, ки онҳо тавба карда, ба дониши ростӣ бирасанд

26 Ва аз доми иблис раҳоӣ ёбанд, ки вай онҳоро асири иродаи худ гардондааст.

3

БОБИ СЕЮМ

Вайронии ахлоқи одамон дар замони охир.

1 Ва инро бидон, ки дар айёми охир замонҳои сахт фаро хоҳад расид.

2 Зеро ки одамон худписанд хоҳанд шуд, ва зарпараст, ва пурғурур, ва ҳавобаланд, ва бадзабон, ва беитоат ба падарону модарон, ва кӯрнамак, ва осӣ, ва ноаҳл,

3 Ва номуросо, ва тӯҳматчӣ, ва бепарҳез, ва бераҳм, ва душмани некӣ,

4 Ва хоин, ва рӯйнатан, ва бодӣ, ки айшу ишратро бештар аз Худо дӯст медоранд,

5 Ва намуди зоҳирии диндориро доранд, вале қуввати онро инкор мекунанд. Аз чунин шахсон канорагирӣ намо.

6 Зеро ба онҳо касоне тааллуқ доранд, ки пинҳонӣ ба хонаҳо даромада, занони заифмизоҷеро фирефта мекунанд, ки дар гуноҳҳо ғӯтидаанд, ба ҳавасҳои гуногун моил шудаанд.

7 Ин занон ҳамеша таълим мегиранд, вале ҳаргиз ба дониши ростӣ расида наметавонанд.

8 Чунон ки Янис ва Ямбрис ба муқобили Мусо қиём карда буданд, ончунон инҳо низ, ки мардуми олудафикр ва мардуди имон мебошанд, ба муқобили ростӣ қиём мекунанд.

9 Аммо бисьёр комьёб нахоҳанд шуд, зеро ки аблаҳии онҳо дар пеши назари ҳама ошкор ҳоҳад шуд, чунон ки дар хусуси Янис ва Ямбрис низ воқеъ шуда буд.

Имони зинда бе таъқибот намемонад.

10 Лекин ту таълим, тарзи ҳаёт, рафтор, имон, ҳиммат, муҳаббат ва тоқати маро медонӣ,

11 Ҳамчунин таъқибот ва уқубатҳоеро, ки дар Антиёхия, Иқуния ва Лустра ба сари ман омад, ва чӣ тавр он таъқиботро ман аз сар гузарондам, ва Худованд маро аз ҳамааш халосӣ дод.

12 Ва ҳамаи онҳое ки мехоҳанд парҳезгорона дар Исои Масеҳ зиндагӣ кунанд, ба таъқибот дучор хоҳанд шуд;

13 Вале одамони бад ва фиребгарон боз ҳам бадтар гардида, дигаронро гумроҳ хоҳанд кард ва худашон гумроҳ хоҳанд шуд.

Насиҳат дар бораи пайравй кардани таълимоти ҳаввориён ва Навиштаи Муқаддас.

14 Лекин ту дар он чи таълим гирифтаӣ ва мӯътақид шудаӣ, қоим бош, чун медонӣ, ки туро кӣ таълим додааст;

15 Ва аз кӯдакиат Навиштаҳои Муқаддасро медонӣ, ки метавонанд туро ҳикмат омӯзанд барои наҷот ёфтан ба василаи имоне ки дар Исои Масеҳ аст.

16 Тамоми Навиштаҳо аз рӯи илҳоми илоҳист ва барои омӯзиш, барои мазаммат, барои ислоҳ, барои ҳидоят ба роҳи адолат фоиданок аст,

17 То ки марди Худо комил гардида, ба ҳар амали нек муҳайё бошад.

4

БОБИ ЧОРУМ

Насиҳати охирин дар бораи вафодорӣ ба мавъиза.

Павлус ба зудӣ вафот карданашро нигарон аст.

1 Пас, туро ба ҳузури Худо ва Исои Масеҳи Худованд, ки зиндагон ва мурдагонро доварӣ хоҳад кард, ва ба зуҳури Ӯ ва ба Малакути Ӯ қасам медиҳам,

2 Ки каломро мавъиза кунӣ ва дар вақти муносиб ё номуносиб омода бошӣ, бо тамоми пурсабрӣ омӯзгорӣ ва мазаммат, манъ ва насиҳат кунӣ.

3 Зеро замоне фаро ҳоҳад расид, ки таълимоти солимро қабул нахоҳанд кард, балки бар тибқи ҳавасҳои худ барои худ муаллимоне хоҳанд баргузид, ки нутқашон ба гӯшҳо хуш ояд;

4 Ва гӯшҳои худро аз ростӣ гардонда, ба қиссаҳо рӯ хоҳанд овард.

5 Аммо ту дар ҳама чиз ҳушьёр бош ва уқубат кашида, кори башоратдиҳандаро ба ҷо овар ва хизмати ҳудро иҷро намо.

6 Зеро ки ман акнун қурбонии рехтанӣ мешавам, ва замони риҳлатам фаро расидааст.

7 Дар кашмакаши неке талош кардам, давишро анҷом додам, имонро нигоҳ доштам;

8 Ва акнун барои ман тоҷи адолат муҳайё гардидааст, ки онро Худованд, Довари одил, дар он рӯз ба ман хоҳад дод; ва на танҳо ба ман, балки низ ба ҳамаи онҳое ки зуҳури Ӯро дӯст доштаанд.

Ахборот. Дар мурофиа Павлус аз ҷониби Худо тақвият ёфт.

9 Саъю кӯшиш намо, ки ба зудӣ назди ман биёӣ.

10 Зеро ки Димос ин дуньёро дӯст дошта, маро тарк кард ва ба Таслӯникӣ равона шуд; Крисқис ба Ғалотия рафт, ва Титус — ба Далмотия; танҳо Луқос бо ман аст.

11 Марқӯсро гирифта ҳамроҳат биёр, зеро ки ба ман барои хизматам муфид аст.

12 Ман Тӯхиқӯсро ба Эфсӯс фиристодам.

13 Ҳангоми омаданат ридоеро, ки ман дар Трӯас назди Қарпӯс мондаам, биёр, китобҳоро низ, алалхусус онҳоеро, ки ба коғази пӯстӣ навишта шудаанд.

14 Искандари мисгар ба ман бисьёр бадӣ кард. Худованд мувофиқи аъмолаш подоше ба ӯ ҳоҳад дод.

15 Ту низ аз ӯ эҳтиёт шав, зеро ки ӯ ба паёми мо сахт муқобилият кард.

16 Дар муҳокимаи аввалинам ҳеҷ кас тарафи маро нагирифт, балки ҳама маро тарк карданд. Бигзор ин барояшон гуноҳ ҳисоб нашавад!

17 Аммо Худованд ёри ман буд ва маро қавӣ кард, то ки ба воситаи ман башорат тамоман эълон гардад, ва ҳамаи халқҳо онро бишнаванд; ва ман аз даҳони шер раҳо шудам.

18 Ва Худованд маро аз ҳар амали бад халосӣ дода, барои Малакути Осмонии Худ маҳфуз хоҳад дошт. Ӯро то абад ҷалол бод. Омин.

Саломҳо.

19 Ба Прискила ва Акило ва аҳли хонаи Анисифӯрус салом расон.

20 Арастус дар Қӯринтӯс монд; ва Трофимӯсро дар Милитус бемор вогузоштам.

21 Саъю кӯшиш намо, ки пеш аз зимистон биёӣ. Ӯвулӯс ва Пудис, ва Линӯс ва Клавдиюс, ва ҳамаи бародарон ба ту салом мерасонанд.

22 Исои Масеҳи Худованд бо рӯҳи ту бод. Файз бо шумо бод. Омин.