КИТОБИ
ДУЮМИ ПОДШОҲОН
1БОБИ ЯКУМ
Довуд аз фавти Шоул хабар меёбад.
1 Ва баъд аз фавти Шоул чунин воқеъ шуд, ки Довуд аз шикаст додани амолеқиён баргашт; ва Довуд ду рӯз дар Сиқлоҷ истод.
2 Ва дар рӯзи сеюм чунин воқеъ шуд, ки инак шахсе аз лашкаргоҳи Шоул омад, дар ҳолате ки либосаш дарида ва хок бар сараш пошида буд; ва ҳамин ки вай назди Довуд омад, бар замин афтода, ба ӯ саҷда бурд.
3 Ва Довуд ба вай гуфт: «Аз куҷо омадаӣ?» Вай ба ӯ гуфт: «Аз лашкаргоҳи Исроил гурехтаам».
4 Ва Довуд ба вай гуфт: «Чӣ воқеа рӯй додааст? Лутфан, ба ман ҳикоят намо». Вай гуфт: «Қавм аз корзор рӯ ба гурез оварданд, ва низ бисьёре аз миёни қавм фурӯ ғалтиданд ва мурданд, ва низ Шоул ва писараш Йӯнотон мурданд».
5 Ва Довуд ба ҷавоне ки ба ӯ ҳикоят мекард, гуфт: «Чӣ гуна донистӣ, ки Шоул ва писараш Йӯнотон мурдаанд?».
6 Ва ҷавоне ки ба ӯ ҳикоят мекард, гуфт: «Тасодуфан аз кӯҳи Ҷилбӯа гузар мекардам, ва инак Шоул бар найзаи худ такья менамуд, ва инак аробаҳо ва саворон ба ӯ наздик меомаданд,
7 Ва ӯ ба ақибаш рӯй гардонида, маро дид, ва маро даъват намуд, ва ман гуфтам: „Лаббай“.
8 Ва ӯ ба ман гуфт: „Ту кистӣ?“ Ва ман ба ӯ гуфтам: „Ман амолеқӣ ҳастам“.
9 Ва ӯ ба ман гуфт: „Лутфан, назди ман омада, маро бикуш, зеро раъшаи саъб маро фаро гирифтааст, чунки ҷонам ҳанӯз дар ман аст“.
10 Ва ман назди ӯ омада, ӯро куштам, зеро донистам, ки ӯ баъд аз фурӯ ғалтиданаш зинда нахоҳад монд; ва афсареро, ки бар сараш буд, ва бозубандеро, ки бар бозуяш буд, гирифта, онҳоро ба ин ҷо назди оғоям овардам».
11 Ва Довуд либосашро гирифта, дарронид, ва низ ҳамаи одамоне ки бо ӯ буданд, чунин карданд.
12 Ва барои Шоул ва писараш Йӯнотон, ва барои қавми Худованд ва тамоми хонадони Исроил навҳагарӣ карданд ва гиристанд ва то шом рӯза доштанд, зеро ки ба дами шамшер афтода буданд.
13 Ва Довуд ба ҷавоне ки ба ӯ ҳикоят кард, гуфт: «Ту аз куҷо ҳасти?» Вай гуфт: «Ман писари марди ғариби амолеқӣ ҳастам».
14 Ва Довуд ба вай гуфт: «Чӣ гуна натарсидӣ, ки дасти худро дароз карда, масеҳи Худовандро куштӣ?»
15 Ва Довуд яке аз ҷавононро даъват намуда, гуфт: «Наздик омада, варо зарба бизан». Ва ӯ варо зарба зад, ва вай мурд.
16 Ва Довуд ба вай гуфт: «Хунат бар гарданат, зеро ки даҳонат ба муқобили ту шаҳодат дода, гуфт, ки „ман масеҳи Худовандро куштам“».
Марсияи Довуд дар бораи фавти Шоул ва Йӯнотон.
17 Ва Довуд дар бораи Шоул ва писараш Йӯнотон бо ин марсия навҳа кард,
18 Ва гуфт: «Камондориро ба банӣ‐Яҳудо таълим бояд дод; инак, он дар китоби Ёшор навишта шудааст:
19 Ҳашамати ту, эй Исроил, бар баландиҳоят шаҳид гардид! Паҳлавонон чӣ гуна фурӯ ғалтидаанд!
20 Дар Ҷат ҳикоят накунед,
дар кӯчаҳои Ашқалӯн башорат надиҳед,
мабодо духтарони фалиштӣ шодӣ кунанд,
мабодо духтарони номахтунон ба ваҷд оянд.
21 Эй кӯҳҳои Ҷилбӯа!
Бигзор бар шумо на шабнам биборад ва на борон,
ва на киштзоре барои ҳадияҳо бошад,
зеро ки дар он ҷо сипари паҳлавонон,
сипари Шоул палид гардидааст,
бе он ки бо равған тадҳин карда шуда бошад.
22 Камони Йӯнотон бе хуни шаҳидон,
бе чарбуи паҳлавонон ақиб нарафтааст,
ва шамшери Шоул тиҳӣ барнагаштааст.
23 Шоул ва Йӯнотон,
ки дар ҳаёти худ маҳбуб ва меҳрубон буданд,
дар мамоти худ низ аз якдигар ҷудо нашудаанд;
аз уқобон чобуктар, аз шерон пурзӯртар буданд.
24 Эй духтарони Исроил! Барои Шоул гирья кунед,
ки ӯ шуморо куртаҳои арғувониранг ва асбоби зинат мепӯшонид,
ва зевари тилло бар либосатон мегузошт.
25 Паҳлавонон андаруни корзор чӣ гуна фурӯ ғалтидаанд!
Эй Йӯнотон, ту бар баландиҳои худ шаҳид шудаӣ.
26 Ман барои ту андӯҳгинам, эй бародарам Йӯнотон!
Ту бо ман бағоят меҳрубон будӣ;
муҳаббати ту барои ман пурзӯртар аз муҳаббати занон буд.
27 Паҳлавонон чӣ гуна фурӯ ғалтидаанд,
ва қуввати ҳарбӣ чӣ гуна талаф гардидааст!»
2БОБИ ДУЮМ
Мардони Яҳудо Довудро ҳамчун подшоҳ пешвоз мегиранд.
1 Ва баъд аз он чунин воқеъ шуд, ки Довуд аз Худованд пурсида, гуфт: «Оё ба яке аз шаҳрҳои Яҳудо бароям?» Ва Худованд ба ӯ гуфт: «Баро». Ва Довуд гуфт: «Ба куҷо бароям?» Гуфт: «Ба Ҳебрӯн».
2 Ва Довуд ба он ҷо баромад, ва ду занаш низ: Аҳинӯами изреъилӣ ва Абиҷайл, зани Ноболи кармилӣ.
3 Ва Довуд одамонеро, ки бо ӯ буданд, бо аҳли байти ҳар яке баровард, ва онҳо дар шаҳрҳои Ҳебрӯн сокин шуданд.
4 Ва мардони Яҳудо омада, дар он ҷо Довудро тадҳин намуданд, то ки бар хонадони Яҳудо подшоҳ бошад; ва ба Довуд хабар дода, гуфтанд: «Мардуми Ёбиш‐Ҷилъод Шоулро дафн карданд».
5 Ва Довуд қосидонро назди мардуми Ёбиш‐Ҷилъод фиристода, ба онҳо гуфт: «Шумо аз ҷониби Худованд муборак бошед, барои он ки ба оғои худ Шоул чунин эҳсон намуда, ӯро дафн кардаед.
6 Ва алҳол бигзор Худованд ба шумо бо зҳсон ва садоқат подош диҳад; ва ман низ ба шумо чунин некӣ хоҳам намуд, барои он ки ин корро кардаед.
7 Ва алҳол бигзор дастҳои шумо қавӣ бошад, ва шумо далер бошед, зеро ки оғои шумо Шоул мурдааст; ва низ маро хонадони Яҳудо бар худ ба подшоҳӣ тадҳин карданд».
Абнир Ишбӯшетро бар ёздаҳ сибт подшоҳ мегардонад.
8 Валекин Абнир ибни Нир, ки сарлашкари Шоул буд, писари Шоул Ишбӯшетро гирифта, ӯро ба Маҳаноим гузаронид.
9 Ва ӯро бар Ҷилъод, ва бар Ашурӣ, ва бар Изреъил, ва бар Эфроим, ва бар Биньёмин, ва бар тамоми Исроил подшоҳ гардонид.
10 Ишбӯшет ибни Шоул, вақте ки бар Исроил подшоҳ гардид, чилсола буд, ва ду сол подшоҳӣ кард; фақат хонадони Яҳудо дар тобеияти Довуд буданд.
11 Ва муддати айёме ки Довуд дар Ҳебрӯн бар хонадони Яҳудо подшоҳ буд, ҳафт сол ва шаш моҳ буд.
12 Ва Абнир ибни Нир ва навкарони Ишбӯшет ибни Шоул аз Маҳаноим ба Ҷибъӯн берун омаданд.
13 Ва Юоб ибни Саруё ва навкарони Довуд берун омада, назди ҳавзи Ҷибъӯн бо онҳо вохӯрданд; ва инҳо дар ин тарафи ҳавз, ва онҳо дар он тарафи ҳавз ҷойгир шуданд.
14 Ва Абнир ба Юоб гуфт: «Бигзор ҷавонон бархезанд ва пеши мо бозӣ кунанд». Ва Юоб гуфт: «Бигзор бархезанд».
15 Ва онҳо бархоста, мувофиқи шумора убур карданд: дувоздаҳ нафар барои Биньёмин ва барои Ишбӯшет ибни Шоул, ва дувоздаҳ нафар аз навкарони Довуд.
16 Ва ҳар яке сари ҳарифашро дошта, шамшери худро ба биқини вай зад, ва якҷоя фурӯ ғалтиданд. Ва ба ин сабаб он макон, ки дар Ҷибъӯн аст, Ҳелқат‐Ҳасурим+ 2:16 Қитъаи Шамшерҳои Тез. номида шудааст.
17 Ва дар он рӯз ҳарбу зарби бағоят сахте ба амал омад; ва Абнир ва мардони Исроил пеши навкарони Довуд мағлуб гардиданд.
18 Ва се писари Саруё: Юоб ва Абишой ва Асоил дар он ҷо буданд; ва Асоил мисли оҳуи саҳро тезпо буд.
19 Ва Асоил Абнирро таъқиб намуд, ва дар дунболагирии Абнир ба тарафи рост ё чап майл накард.
20 Ва Абнир ба ақиб назар андохта, гуфт: «Оё ин туӣ, Асоил?» Гуфт: «Манам».
21 Ва Абнир ба ӯ гуфт: «Ба тарафи рост ё чапи худ майл карда, яке аз ин ҷавононро дастгир намо ва либосу аслиҳаи варо барои худ бигир». Вале Асоил нахост, ки аз ақиби ӯ давиданашро бас кунад.
22 Ва бори дигар Абнир ба Асоил гуфт: «Аз ақиби ман давиданатро бас кун, мабодо туро зада, ба замин ғалтонам; ва ман чӣ гуна рӯи худро ба бародарат Юоб нишон медиҳам?»
23 Вале ӯ давиданро бас накард, ва Абнир ӯро бо кунӣ найзаи худ ба шикамаш зад, ва найза аз пушташ зада баромад, ва ӯ дар он ҷо афтода, ҷо ба ҷо мурд. Ва ҳар кас, ки ба макони афтодану мурдани Асоил меомад, ҳайрон шуда меистод.
24 Ва Юоб ва Абишой Абнирро таъқиб карданд, ва баробари фурӯ рафтани офтоб онҳо ба тали Аммо, ки рӯ ба рӯи Ҷиҳа мебошад, бо роҳи биёбони Ҷибъӯн расиданд.
25 Ва банӣ‐Биньёмин назди Абнир ҷамъ омада, як гурӯҳ шуданд, ва бар қуллаи як тал биистоданд.
26 Ва Абнир Юобро даъват намуда, гуфт: «Оё шамшер то абад ба ҳалокат расонад? Оё намедонӣ, ки оқибати кор ба талхӣ хоҳад анҷомид? Ва то ба кай ба қавм намегӯӣ, ки бародарони худро дигар дунболагирӣ накунанд?»
27 Ва Юоб гуфт: «Касам ба ҳаёти Худо, ки агар ту он суханонро намегуфтӣ, аз худи субҳ қавм дунболагирии бародарони худро бас мекарданд».
28 Ва Юоб шох навохт, ва тамоми қавм биистоданд, ва исроилиёнро дигар таъқиб накарданд, ва ҷангро дигар давом надоданд.
29 Ва Абнир ва одамонаш тамоми он шаб дар сахро роҳ рафта, аз Урдун гузаштанд ва тамоми Битрунро тай карда, ба Маҳаноим омаданд.
30 Ва Юоб аз дунаболагирии Абнир баргашта, тамоми қавмро ҷамъ кард, ва аз навкарони Довуд, ғайр аз Асоил, нуздаҳ нафар кам буданд.
31 Ва навкарони Довуд биньёминиён ва одамони Абнирро зарба заданд, ки аз онҳо сесаду шаст нафар мурданд.
32 Ва Асоилро бардошта бурданд, ва ӯро дар мақбараи падараш, ки дар Байт‐Лаҳм аст, дафн карданд; ва Юоб ва одамонаш тамоми шаб роҳ паймуда, баробари дамидани субҳ ба Ҳебрӯн расиданд.
3БОБИ СЕЮМ
Хонаводаи Довуд дар Ҳебрӯн.
1 Ва дар миёни хонадони Шоул ва хонадони Довуд ҷанг айёми зиёде давом кард; ва Довуд торафт қудрат меёфт, вале хонадони Шоул торафт суст мешуданд.
2 Ва барои Довуд дар Ҳебрӯн писарон таваллуд ёфтанд; ва нахустзодаи ӯ Амнӯн аз Аҳинӯами изреъилӣ буд;
3 Ва дуюмаш — Килъоб аз Абиҷайл, зани Ноболи кармилӣ; ва сеюмаш — Абшолӯм ибни Маъко, ки вай духтари Талмой, подшоҳи Ҷашур, буд.
4 Ва чорумаш — Адӯниё ибни Ҳаҷҷит; ва панҷумаш — Шафатьё ибни Абитол;
5 Ва шашумаш — Йитром аз Эҷло, зани Довуд; инҳо барои Довуд дар Ҳебрӯн таваллуд ёфтанд.
6 Ва ҳангоме ки ҷанг дар миёни хонадони Шоул ва хонадони Довуд давом мекард, таъсири Абнир дар хонадони Шоул зиёдтар мешуд.
Абнир Довудро тарафдорӣ кард.
7 Ва Шоул суррияе дошт, ки номаш Рисфо бинти Айё буд; ва Ишбӯшет ба Абнир гуфт: «Чаро назди суррияи падарам даромадӣ?»
8 Ва Абнир аз суханони Ишбӯшет бағоят хашмгин шуда, гуфт: «Оё ман каллаи саге дар Яҳудо ҳастам? Ман имрӯз ба хонадони падарат Шоул, ва ба бародарон ва дӯстонаш зҳсон намудаам ва туро ба дасти Довуд насупурдаам, ва ту имрӯз барои ин зан гуноҳе ба гардани ман бор мекунӣ?
9 Худо ба Абнир чунин ва зиёда аз ин бикунад, агар ман он чиро, ки Худованд барои Довуд қасам хӯрдааст, барояш ба амал наоварам,
10 То ки салтанатро аз хонадони Шоул гузаронида, тахти Довудро бар Исроил ва бар Яҳудо, аз Дон то Беэр‐Шобаъ, барқарор намоям».
11 Ва Ишбӯшет дигар натавонист дар ҷавоби Абнир чизе гӯяд, чунки аз вай метарсид.
12 Ва Абнир дарҳол қосидонро назди Довуд фиристода, гуфт: «Ин замин аз они кист? Бинобар ин ту бо ман аҳд бибанд, ва инак, дасти ман бо ту хоҳад буд, то ки тамоми Исроилро ба тарафи ту бигзаронам».
13 Ва Довуд гуфт: «Хуб шудааст, ман бо ту аҳд хоҳам баст, аммо як чизро ман аз ту металабам, яъне: ту рӯи маро нахоҳӣ дид, агар аввал, вақте ки барои дидани ман биёӣ, Микал бинти Шоулро бо худ наоварӣ».
14 Ва Довуд қосидонро назди Ишбӯшет ибни Шоул фиристода, гуфт: «Зани ман Микалро, ки дар ивази сад ғилофаки фалиштиён барои худ гирифтаам, бидеҳ».
15 Ва Ишбӯшет фиристода, варо аз шавҳараш, аз Фалтиил ибни Лоиш гирифт.
16 Ва шавҳараш ҳамроҳаш рафта, дар ақибаш гирьякунон то Баҳурим қадам зад; ва Абнир ба ӯ гуфт: «Гашта рав!» Ва ӯ баргашт.
17 Ва Абнир ба пирони Исроил сухан ронда, гуфт: «Ҳам дирӯз ва ҳам парирӯз шумо талабгори он будед, ки Довуд бар шумо подшоҳ бошад.
18 Ва алҳол инро ба амал оваред, зеро ки Худованд ба Довуд сухан ронда, гуфтааст: „Ба воситаи бандаам Довуд қавми худ Исроилро аз дасти фалиштиён ва аз дасти ҳамаи душманонашон наҷот хоҳам дод“».
19 Ва Абнир ба гӯши биньёминиён низ ин суханонро гуфт; ва Абнир ба Ҳебрӯн низ рафт, то он чиро, ки дар назари Исроил ва дар назари тамоми хонадони Биньёмин хуб аст, ба гӯши Довуд бигӯяд.
20 Ва Абнир назди Довуд ба Ҳебрӯн омад, ва бист мард ҳамроҳи ӯ буданд, ва Довуд барои Абнир ва мардоне ки ҳамроҳаш буданд, зиёфате орост.
21 Ва Абнир ба Довуд гуфт: «Бархоста, меравам ва тамоми Исроилро назди оғоям подшоҳ ҷамъ меоварам, ва онҳо бо ту аҳд хоҳанд баст, ва ту ба муддаои табъи худ подшоҳӣ хоҳӣ кард». Ва Довуд Абнирро фиристод, ва ӯ ба саломатӣ бирафт.
22 Ва инак, навкарони Довуд бо Юоб аз тохтутоз баргаштанд, ва ғанимати зиёде бо худ оварданд; ва Абнир назди Довуд дар Ҳебрӯн набуд, зеро ӯро фиристода буд, ва ӯ ба саломатӣ рафта буд.
23 Ва ҳангоме ки Юоб ва тамоми лашкаре ки бо ӯ буданд, омаданд, ба Юоб хабар дода, гуфтанд: «Абнир ибни Нир назди подшоҳ омада буд, ва ӯро фиристод, ва ӯ ба саломатӣ бирафт».
24 Ва Юоб назди подшоҳ омада, гуфт: «Чӣ кардӣ? Инак, Абнир назди ту омадааст; чаро ӯро фиристодаӣ, ва ӯ рафтааст?
25 Ту, охир, Абнир ибни Нирро медонӣ, ки ӯ омадааст, то ки туро фиреб диҳад, ва аз даробарои ту вуқуф ёбад, ва аз ҳар коре ки ту мекунӣ, хабардор шавад».
26 Ва Юоб аз пеши Довуд баромада, қосидонро аз паи Абнир фиристод, ва онҳо ӯро аз Бӯр‐Сиро баргардониданд, дар сурате ки Довуд аз ин бехабар буд.
Юоб Абнирро мекушад.
27 Ва ҳангоме ки Абнир ба Ҳебрӯн баргашт, Юоб ӯро андаруни дарвоза ба каноре бурд, то ки бо ӯ махфиёна сухан ронад, ва дар он ҷо, барои хуни бародараш Асоил, ба шиками ӯ зарба зад, ва ӯ мурд.
28 Ва Довуд баъд аз он шунида, гуфт: «Ман ва салтанати ман ба ҳузури Худованд аз хуни Абнир ибни Нир то абад барӣ ҳастем.
29 Бигзор он бар сари Юоб ва тамоми хонадони падараш афтад; ва бигзор каси гирифтори сӯзок, ва каси махавӣ, ва каси бар асо такьякунанда, ва каси ба дами шамшер афтанда, ва каси мӯҳтоҷи нон аз хонадони Юоб ҳаргиз кам нашавад».
30 Ва Юоб ва бародараш Абишой Абнирро барои он куштанд, ки ӯ бародарашон Асоилро дар ҷанги назди Ҷибъӯн кушта буд.
31 Ва Довуд ба Юоб ва тамоми қавме ки бо ӯ буданд, гуфт: «Либоси худро дарронида ва палос пӯшида, барои Абнир навҳа намоед». Ва подшоҳ Довуд аз ақиби тобут равона шуд.
32 Ва Абнирро дар Ҳебрӯн дафн карданд; ва подшоҳ овози худро баланд карда, назди қабри Абнир гирист, ва тамоми қавм гиристанд.
33 Ва подшоҳ барои Абнир марсия хонда, гуфт:
«Наход ки Абнир мисли як сафиле бимирад?
34 Дастҳоят баста нашудааст, ва пойҳоят завлона зада нашудааст,
ту мисли касе ки аз дасти бадкирдорон афтода бошад, афтодаӣ!»
Ва тамоми қавм боз барои ӯ гиристанд.
35 Ва тамоми қавм омаданд, то ки Довудро нон бихӯронанд, дар сурате ки ҳанӯз рӯз буд; вале Довуд қасам хӯрда, гуфт: «Худо бо ман чунин ва зиёда аз ин бикунад, агар ман пеш аз фурӯ рафтани офтоб нон ё чизи дигаре бихӯрам».
36 Ва тамоми қавм инро дарк карданд, ва ин ба назарашон писанд омад, чунон ки ҳар чи подшоҳ мекард, ба назари тамоми қавм писанд меомад.
37 Ва тамоми қавм ва тамоми Исроил дар он рӯз донистанд, ки куштани Абнир ибни Нир аз ҷониби Довуд набуд.
38 Ва подшоҳ ба навкаронаш гуфт: «Шумо, охир, медонед, ки сарвар ва марди бузурге имрӯз дар Исроил фурӯ ғалтидааст.
39 Вале ман имрӯз суст ҳастам, агарчи ба подшоҳӣ тадҳин карда шудаам, ва ҳол он ки ин одамон, писарони Саруё, аз ман қавитаранд; бигзор Худованд ба бадкор бар тибқи бадкирдории вай подош диҳад».
4БОБИ ЧОРУМ
Кушта шудани Ишбӯшет.
1 Ва чун ибни Шоул шунид, ки Абнир дар Ҳебрӯн мурдааст, дастҳояш суст шуд, ва тамоми Исроил ба изтироб омаданд.
2 Ва ибни Шоул ду марде дошт, ки сардорони фавҷҳо буданд; номи яке Баано ва номи дигаре Рекоб буда, онҳо писарони Риммӯни баэрӯтӣ, аз банӣ‐Биньёмин буданд, зеро ки Баэрӯт низ ба Биньёмин тааллуқ дошт.
3 Ва баэрӯтиён ба Ҷиттоим гурехта рафтанд, ва то имрӯз дар он ҷо иқомат доранд.
4 Ва Йӯнотон ибни Шоул писари ланге дошт; ӯ панҷсола буд, ки хабари Шоул ва Йӯнотон аз Изреъил расид, ва дояаш ӯро бардошта гурехт, ва ҳангоме ки вай ба гурехтан шитоб менамуд, ӯ афтода, ланг шуд; ва номаш Мефибӯшет буд.
5 Ва писарони Риммӯни баэрӯтӣ, Рекоб ва Баано, рафта, дар вақти гармии рӯз ба хонаи Ишбӯшет расиданд; ва ӯ дар хоби пешинӣ буд.
6 Ва онҳо бо баҳонаи гирифтани гандум ба даруни хона даромада, ба шиками ӯ зарба заданд; ва Рекоб ва бародараш Баано гурехтанд.
7 Вақте ки ба хона даромаданд, ӯ дар хонаи хоб бар бистараш хобида буд, ва онҳо ӯро зарба зада, куштанд, ва сарашро аз танаш ҷудо карда, гирифтанд, ва тамоми шаб дар саҳро роҳ паймуданд.
8 Ва сари Ишбӯшетро назди Довуд ба Ҳебрӯн оварда, ба подшоҳ гуфтанд: «Инак сари Ишбӯшет ибни Шоули душманат, ки қасди ҷони ту дошт; ва имрӯз Худованд интиқоми оғои мо подшоҳро аз Шоул ва насли вай гирифтааст».
9 Ва Довуд ба Рекоб ва бародараш Баано, писарони Риммӯни баэрӯтӣ, ҷавоб гардонда, ба онҳо гуфт: «Қасам ба ҳаёти Худованд, ки ҷони маро аз ҳар тангӣ раҳонидааст!
10 Ҳангоме ки шахсе ба ман хабар дода, гуфт: „Инак, Шоул мурдааст“, ва худро муждавар мепиндошт, ман варо гирифта, дар Сиқлоҷ куштам, ва ҳол он ки вай умедвор буд, ки ман ба вай муждагонӣ хоҳам дод,
11 Алалхусус ҳоло, ки шахсони шарир марди бегуноҳро дар хонааш бар бистараш куштаанд, наход ки ман хуни ӯро аз дасти шумо талаб накунам, ва шуморо аз рӯи замин маҳв нанамоям?»
12 Ва Довуд ба навкаронаш амр фармуд, ва онҳоро кушта, дастҳо ва пойҳошонро қатъ карданд, ҷасадҳошонро назди ҳавзи Ҳебрӯн овехтанд; ва сари Ишбӯшетро гирифта, дар қабри Абнир дар Ҳебрӯн дафн карданд.
5БОБИ ПАНҶУМ
Довуд бар Исроил подшоҳ мешавад.
1 Ва ҳамаи сибтҳои Исроил назди Довуд ба Ҳебрӯн омаданд, ва сухан ронда, гуфтанд: «Инак, мо устухон ва гӯшти ту ҳастем.
2 Дирӯз ва парирӯз низ, вақте ки Шоул бар мо подшоҳ буд, ту Исроилро берун мебурдӣ ва андарун меовардӣ; ва Худованд ба ту гуфта буд: „Ту қавми Ман Исроилро хоҳӣ чаронид, ва ту бар Исроил раис хоҳӣ буд“».
3 Ва ҳамаи пирони Исроил назди подшоҳ ба Ҳебрӯн омаданд, ва подшоҳ Довуд бо онҳо дар Ҳебрӯн ба ҳузури Худованд аҳд баст; ва Довудро ба подшоҳӣ бар Исроил тадҳин карданд.
4 Довуд, вақте ки подшоҳ шуд, сисола буд; чил сол подшоҳӣ кард.
5 Дар Ҳебрӯн ҳафт солу шаш моҳ бар Яҳудо подшоҳӣ кард, ва дар Ерусалим сию се сол бар тамоми Исроил ва Яҳудо подшоҳӣ кард.
Ерусалим — пойтахти мамлакати муттаҳида.
6 Ва подшоҳ бо одамонаш ба Ерусалим ба муқобили ябусиён, ки сокинони ин замин буданд, рафт, вале онҳо ба Довуд сухан ронда, гуфтанд: «Ба ин ҷо дохил нахоҳӣ шуд, магар ин ки аввал кӯрон ва лангонро дур созӣ», яъне: «Довуд ба ин ҷо дохил нахоҳад шуд».
7 Ва Довуд қалъаи Сионро забт кард, ки ҳамон шаҳри Довуд аст.
8 Ва Довуд дар он рӯз гуфт: «Хар кӣ ябусиёнро бизанад ва ба қубури обгузар бирасад, бигзор лангон ва кӯронро низ, ки барои ҷони Довуд манфур ҳастанд, бизанад». Бинобар ин мегӯянд: «Кӯр ва ланг ба хона дохил нахоҳанд шуд».
9 Ва Довуд дар қалъа сокин шуд, ва онро шаҳри Довуд номид; ва Довуд гирдогирди он, аз Миллӯ гирифта то андаруни шаҳр, ҳисор бино кард.
10 Ва Довуд торафт бештар комьёб ва бузург мегардид, ва Худованд Худои лашкарҳо бо ӯ буд.
11 Ва Ҳиром, подшоҳи Сӯр, назди Довуд қосидон, ва дарахтони арз, ва наҷҷорон ва сангтарошонро фиристод, ва онҳо барои Довуд хона бино карданд.
12 Ва Довуд дарк намуд, ки Худованд ӯро ба подшоҳӣ бар Исроил устувор гардонидааст, ва салтанати ӯро ба хотири қавми Худ Исроил баланд бардоштааст.
13 Ва Довуд, баъд аз он ки аз Ҳебрӯн омад, боз сурриягон ва занон аз Ерусалим гирифт; ва боз барои Довуд писарон ва духтарон таваллуд ёфтанд.
14 Ва ин аст номҳои онҳое ки барои ӯ дар Ерусалим таваллуд ёфтанд: Шамуа, ва Шубоб, ва Нотон, ва Сулаймон,
15 Ва Йибҳор, ва Элишуа, ва Нофаг, ва Ёфиа,
16 Ва Элишомаъ, ва Эльёдоъ, ва Элифолат.
Ҷанг бо фалиштиён.
17 Ва чун фалиштиён шуниданд, ки Довудро ба подшоҳӣ бар Исроил тадҳин намудаанд, ҳамаи фалиштиён баромаданд, то ки Довудро биҷӯянд; ва Довуд инро шунида, ба қалъа фурӯд омад.
18 Ва фалиштиён омада, дар водии Рафоим ҷойгир шуданд.
19 Ва Довуд аз Худованд пурсида, гуфт: «Оё ба муқобили фалиштиён бароям? Оё онҳоро ба дасти ман хоҳӣ супурд?» Ва Худованд ба Довуд гуфт: «Баро, зеро ки фалиштиёнро ҳатман ба дастат хоҳам супурд».
20 Ва Довуд ба Баал‐Фаросим омад, ва дар он ҷо Довуд ба онҳо шикаст расонда, гуфт: «Худованд душманонамро аз пешам маҳв намуд, чунон ки селоб маҳв менамояд». Бинобар ин номи он макон Баал‐Фаросим хонда шудааст.
21 Ва бутҳои худро дар он ҷо партофта рафтанд, ва Довуд ва одамонаш онҳоро бардошта бурданд.
22 Ва бори дигар фалиштиён баромада, дар водии Рафоим ҷойгир шуданд.
23 Ва Довуд аз Худованд пурсид, ва Ӯ гуфт: «Набаро, балки аз ақибашон давр зада, аз ҷониби дарахтони тут ба онҳо наздик шав,
24 Ва ҳамин ки акси садои қадамҳоро дар сари дарахтони тут бишнавӣ, дарҳол ба ҳуҷум шитоб намо, зеро ки он гоҳ Худованд пешопеши ту берун хоҳад омад, то ки ба лашкари фалиштиён шикаст расонад».
25 Ва Довуд ончунон, ки Худованд ба ӯ амр фармуд, амал намуд, ва ба фалиштиён аз Ҷабъа то даромадгоҳи Ҷозар зарба расонид.
6БОБИ ШАШУМ
Ғамхории Довуд дар бораи овардани сандуқи Худо ба Ерусалим.
1 Ва бори дигар Довуд ҳамаи гузинони Исроилро ба миқдори сӣ ҳазор нафар ҷамъ кард.
2 Ва Довуд ва тамоми қавме ки ҳамроҳаш буданд, бархоста, аз Баалои Яҳудо равона шуданд, то ки сандуқи Худоро аз он ҷо биёранд, ки он ба исми Худованди лашкарҳо, ки бар каррубиён нишастааст, номида шуда буд.
3 Ва сандуқи Худоро бар аробаи нав гузоштанд, ва онро аз хонаи Аминодоб, ки дар Ҷабъа мебошад, бароварданд, ва Уззо ва Аҳью, писарони Аминодоб, аробаи навро меронданд.
4 Ва онро аз хонаи Аминодоб, ки дар Ҷабъа аст, бо сандуқи Худо бароварданд, ва Аҳью пешопеши сандуқ мерафт.
5 Ва Довуд ва тамоми хонадони Исроил бо ҳар навъ асбоби чӯби сарв: бо барбат, ва уд, ва даф, ва дуҳул, ва шақшақаҳо ба ҳузури Худованд бозӣ мекарданд.
6 Ва ҳангоме ки ба хирмангоҳи Нокӯн расиданд, Уззо дасташро ба сандуқи Худо дароз карда, онро нигоҳ дошт, зеро ки говон онро яктарафа гардонида, моил ба афтодан карда буданд.
7 Ва хашми Худованд бар Уззо аланга зада, Худо ӯро дар он ҷо барои дастдарозияш зарба зад, ва ӯ дар он ҷо назди сандуқи Худо мурд.
8 Ва Довуд ғамгин шуд, ки Худованд Уззоро зарба зад; ва он макон то имрӯз Форас‐Уззо номида мешавад.
9 Ва Довуд дар он рӯз аз Худованд тарсида, гуфт: «Сандуқи Худованд назди ман чӣ гуна биёяд?»
10 Ва Довуд нахост, ки сандуқи Худовандро назди худ ба шаҳри Довуд бибарад; ва Довуд онро ба хонаи Убайд‐Адӯми ҷаттӣ равона кард.
11 Ва сандуқи Худованд дар хонаи Убайд‐Адӯми ҷаттӣ се моҳ монд; ва Худованд Убайд‐Адӯм ва тамоми хонадони ӯро баракат дод.
Овардани сандуқ.
12 Ва ба подшоҳ Довуд хабар дода, гуфтанд: «Худованд хонадони Убайд‐Адӯм ва тамоми дороии ӯро барои сандуқи Худо баракат додааст». Ва Довуд рафта, сандуқи Худоро аз хонаи Убайд‐Адӯм бо шодӣ ба шаҳри Довуд овард.
13 Ва ҳамин ки бардорандагони сандуқи Худованд шаш қадам роҳ рафтанд, ӯ гов ва қӯчқоре қурбонӣ кард.
14 Ва Довуд бо тамоми қувваташ ба ҳузури Худованд мерақсид, ва Довуд эфӯди катон дар бар карда буд.
15 Ва Довуд ва тамоми хонадони Исроил сандуқи Худовандро бо нидои шодӣ ва садои шох бардошта бурданд.
16 Ва ҳангоме ки сандуқи Худованд ба шаҳри Довуд дохил мешуд, Микал бинти Шоул аз тиреза нигоҳ карда, подшоҳ Довудро дид, ки ба ҳузури Худованд ҷастухез ва рақс мекунад, ва дар дили худ аз ӯ нафрат намуд.
17 Ва сандуқи Худовандро оварда, андаруни хаймае ки Довуд барои он барпо карда буд, онро дар маконаш гузоштанд; ва Довуд ба ҳузури Худованд қурбониҳои сӯхтанӣ ва қурбониҳои саломатӣ овард.
18 Вақте ки Довуд овардани қурбониҳои сӯхтанӣ ва қурбониҳои саломатиро ба анҷом расонид, қавмро ба исми Худованди лашкарҳо баракат дод.
19 Ва ба тамоми қавм, ба тамоми оммаи Исроил, аз мард то зан, ба ҳар кас якто нон, як порча гӯшт ва як кулчаи мавизӣ тақсим карда дод; ва тамоми қавм хона ба хона рафтанд.
20 Ва Довуд баргашт, то ки аҳли байти худро баракат диҳад; ва Микал бинти Шоул ба пешвози Довуд баромада, гуфт: «Подшоҳи Исроил имрӯз чӣ қадар иззат ёфт, вақте ки худро пеши назари канизон ва навкаронаш бараҳна кард, чунон ки як шахси бемулоҳиза худро бараҳна мекунад».
21 Ва Довуд ба Микал гуфт: «Ин ба ҳузури Худованд буд, ки Ӯ маро назар ба падарат ва тамоми хонадонаш бартарӣ дод, то ки маро бар қавми Худованд, бар Исроил раис гардонад; ва ман ба ҳузури Худованд рақсу бозӣ хоҳам кард.
22 Ва аз ин ҳам зиёдтар худро ночиз хоҳам гардонид, ва дар назари худам сафил хоҳам шуд, вале пеши канизон, ки ту дар бораи онҳо сухан рондӣ, — пеши онҳо ман иззат хоҳам ёфт».
23 Ва Микал бинти Шоул то рӯзи вафоташ фарзанд надошт.
7БОБИ ҲАФТУМ
Довуд ният дорад, ки маъбад бино кунад.
1 Ва ҳангоме ки подшоҳ дар хонаи худ менишаст, ва Худованд ӯро аз душманони гирду пешаш ором карда буд,
2 Подшоҳ ба Нотони набӣ гуфт: «Лутфан, бубин, ки ман дар хонаи арзӣ сокин ҳастам, вале сандуқи Худо андаруни чодаре сокин аст».
3 Ва Нотон ба подшоҳ гуфт: «Ҳар он чи дар дилат бошад, бирав, ба амал овар, зеро ки Худованд бо туст».
Аҳди Худо бо Довуд.
4 Вале дар ҳамон шаб каломи Худованд бар Нотон нозил шуда, гуфт:
5 «Рафта, ба бандаи Ман Довуд бигӯй: Худованд чунин мегӯяд: „оё ту хонае барои сукунати Ман бино мекунӣ?
6 Ман, охир, аз рӯзе ки банӣ‐Исроилро аз Миср берун овардаам, то имрӯз дар хонае сокин нашудаам, балки дар хайма ва маскане гардиш кардаам.
7 Дар ҳар ҷое ки бо тамоми банӣ‐Исроил гардиш кардаам, оё ба ягон пешвои Исроил, ки чаронидани қавми Худ Исроилро ба вай амр фармуда будам, сухане ба забон ронда, гуфтаам: чаро барои ман хонаи арзӣ бино накардаед“?
8 Ва алҳол ба бандаи Ман Довуд чунин бигӯй: „Худованди лашкарҳо чунин мегӯяд: Ман туро аз чарогоҳ, аз ақиби гӯсфандон гирифтам, то ки бар қавми Ман Исроил раис бошӣ.
9 Ва ба ҳар ҷое ки мерафтӣ, бо ту будам, ва ҳамаи душманонатро аз пеши ту маҳв намудам, ва барои ту номи бузурге, мисли номи бузургоне ки дар дуньё ҳастанд, ба вуҷуд овардам.
10 Ва барои қавми Худ Исроил маконе муқаррар намудам, ва онҳоро шинондам, то ки дар он сокин гардида, дигар безобита нашаванд, ва бадкорон дигар онҳоро ба танг наоваранд, мисли он ки дар замони пеш буд,
11 Ва мисли айёме ки доваронро бар қавми Худ Исроил таъин карда будам; ва Ман ба ту аз ҳамаи душманонат оромӣ додаам; ва Худованд ба ту хабар медиҳад, ки Худованд барои ту хона бино хоҳад кард.
12 Ва ҳангоме ки рӯзҳои ту анҷом ёфта, ту бо падарони худ бихобӣ, Ман насли туро, ки аз камари ту берун ояд, баъд аз ту пойдор гардонида, салтанати варо мустаҳкам хоҳам намуд.
13 Вай ба исми Ман хона бино хоҳад кард; ва Ман тахти салтанати варо то абад пойдор хоҳам гардонид.
14 Ман барои вай падар хоҳам буд, ва вай барои Ман писар хоҳад буд, ва агар вай гуноҳ кунад, Ман варо бо калтаки мардон ва бо зарбаҳои банӣ‐одам ҷазо хоҳам дод.
15 Вале марҳамати Ман аз вай дур нахоҳад шуд, чунон ки онро аз Шоул дур карда, ӯро барои ту рад намудам.
16 Ва хонаи ту ва салтанати ту ба ҳузурат то абад қоим хоҳад буд; тахти ту то абад пойдор хоҳад буд“».
17 Ҳамаи ин суханон ва тамоми ин рӯъёро Нотон ба Довуд ҳикоят кард.
Дуои Довуд.
18 Ва подшоҳ Довуд омада, ба ҳузури Худованд нишаст, ва гуфт: «Эй Худованд Худо, ман кистам ва хонаи ман чист, ки маро ба ин мартаба расондаӣ?
19 Ва ин боз дар назарат, эй Худованд Худо, кам намудааст, ва Ту дар бораи ояндаи дури хонадони бандаат низ сухан рондаӣ; оё ин мартабаи баланди одам нест, эй Худованд Худо?
20 Ва Довуд дигар ба Ту чӣ метавонад бигӯяд? Ту, охир, бандаи Худро мешиносӣ, эй Худованд Худо!
21 Ба хотири каломи Худ ва бар тибқи дили Худ тамоми ин бузургиро ба амал овардаӣ, то ки бандаи Худро огоҳ намоӣ.
22 Бинобар ин Ту, эй Худованд Худо, бузург ҳастӣ, зеро мувофиқи ҳар он чи мо бо гӯшҳои худ шунидаем, чизе монанди Ту нест, ва ҷуз аз Ту Худое нест.
23 Ва кист, ки мисли қавми Ту Исроил бошад, ки онҳо бар рӯи замин қавми ягонае ҳастанд, ки аз барояшон Худо омадааст, то ки онҳоро фидия дода гирифта, барои Худ қавм гардонад ва исме барои Худ пайдо кунад, ва корҳои бузурге барои онҳо ва корҳои саҳмгине барои замини Худ ба ҷо оварад, то ки Ту халқҳо ва худоёни онҳоро аз пеши қавми Худ, ки аз Миср барои Худ фидия дода гирифтаӣ, бадар биронӣ.
24 Ва қавми Худ Исроилро барои Худ пойдор гардондӣ, то ки онҳо то абад қавми Ту бошанд, ва Ту, эй Худованд, Худои онҳо шудӣ.
25 Ва алҳол, эй Худованд Худо, каломеро, ки дар бораи бандаи Худ ва хонадони вай ба забон рондаӣ, то абад пойдор гардон, ва он чи гуфтаӣ, ба ҷо овар.
26 Ва исми Ту бигзор то абад муаззам бошад, то бигӯянд: „Худованди лашкарҳо Худо бар Исроил аст“. Ва хонадони бандаат Довуд бигзор ба ҳузури ту пойдор бошад.
27 Азбаски Ту, эй Худованди лашкарҳо, Худои Исроил, гӯшраси бандаи Худ намуда, гуфтаӣ: „Барои ту хонае бино хоҳам кард“, бинобар ин бандаат дар дили худ ҷуръат пайдо кард, ки ин дуоро назди Ту бигӯяд.
28 Ва алҳол, эй Худованд Худо, Ту Худо ҳастӣ, ва суханонат рост аст, ва Ту дар бораи бандаи Худ ин некиро ба забон рондаӣ.
29 Ва алҳол таваҷҷӯҳ намуда, хонадони бандаатро баракат бидеҳ, то ки он то абад дар ҳузури Ту бошад; зеро ки Ту, эй Худованд Худо, сухан рондаӣ, ва хонадони бандаат аз баракати Ту то абад муборак хоҳад буд».
8БОБИ ҲАШТУМ
Пойдор шудани салтанати Довуд. Ғалабаҳои ӯ.
1 Ва баъд аз ин Довуд ба фалиштиён зарба расонида, онҳоро мағлуб кард, ва Довуд инони ихтиёри пойтахти фалиштиёнро аз дасташон гирифт.
2 Ва ба Мӯоб шикаст расонид, ва онҳоро ба замин хобонида, бо арғамчин чен кард, ва ду арғамчин барои куштан чен кард ва як арғамчин барои зинда нигоҳ доштан; ва мӯобиён бандагони хироҷгузори Довуд гардиданд.
3 Ва Довуд ба Ҳададозар ибни Раҳӯб, подшоҳи Сӯбо, вақте ки вай мерафт, то хукмронии худро назди наҳри Фурот аз нав барқарор намояд, шикаст расонид.
4 Ва Довуд ҳазору ҳафтсад савора ва бист ҳазор пиёда аз вай гирифт; ва Довуд ҳамаи аспҳои аробаҳои варо пай кард, вале аз онҳо барои сад ароба нигоҳ дошт.
5 Ва арамиёни Димишқ ба мадади Ҳададозар подшоҳи Сӯбо омаданд; ва Довуд аз арамиён бисту ду ҳазор нафарро кушт.
6 Ва Довуд дар Арами Димишқ волиёнро гузошт, ва арамиён бандагони хироҷгузори Довуд гардиданд. Ва Худованд Довудро ба ҳар ҷое ки мерафт, ёварӣ менамуд.
7 Ва Довуд сипарҳои тиллоро, ки бар навкарони Ҳададозар буд, гирифта, ба Ерусалим овард.
8 Ва аз Ботаҳ ва Берӯтай, ки шаҳрҳои Ҳададозар буд, Довуд миси бағоят бисьёре гирифт.
9 Ва Тӯӣ, подшоҳи Ҳамот, шунид, ки Довуд тамоми лашкари Ҳададозарро мағлуб кардааст.
10 Ва Тӯӣ писари худ Юромро назди подшоҳ Довуд фиристод, то ки ба ӯ салом расонад ва ӯро муборакбод гӯяд, ба муносибати он ки бо Ҳададозар ҷанг карда, варо мағлуб намудааст, зеро ки Ҳададозар ба муқобили Тӯӣ бисьёр меҷангид. Ва дар дасти Юром зарфҳои нуқра ва зарфҳои тилло ва зарфҳои мис буд.
11 Ва подшоҳ Довуд онҳоро низ барои Худованд вақф намуд, бо якҷоягии нуқра ва тиллое ки аз ҳамаи халқҳои мағлубкардаи худ гирифта вақф намуда буд,
12 Яъне аз Арам ва Мӯоб ва банӣ‐Аммӯн ва фалиштиён ва Амолеқ ва аз ғанимати Ҳададозар ибни Раҳӯб, подшоҳи Сӯбо.
13 Ва Довуд шӯҳрат пайдо кард, вақте ки аз шикаст додани ҳаждаҳ ҳазор арамиён дар водии Намак, бармегашт.
14 Ва дар Адӯм волиёнро гузошт, дар тамоми Адӯм волиёнро гузошт, ва ҳамаи адӯмиён бандагони Довуд гардиданд. Ва Худованд Довудро ба ҳар ҷое ки мерафт, ёварӣ менамуд.
15 Ва Довуд дар тамоми Исроил подшоҳӣ мекард; ва Довуд бар тамоми қавми худ доварӣ ва инсофро ба амал меовард.
16 Ва Юоб ибни Саруё сарлашкар буд, ва Еҳӯшофот ибни Аҳилуд — вақоеънавис.
17 Ва Содӯқ ибни Аҳитуб ва Аҳималик ибни Абьётор коҳин буданд, ва Сароё котиб буд.
18 Ва Баноё ибни Еҳӯёдоъ бар каритиён ва фалитиён сардор буд; ва писарони Довуд садрнишин буданд.
9БОБИ НӮҲУМ
Довуд ва Мефибӯшет.
1 Ва Довуд гуфт: «Оё касе боз аз хонадони Шоул боқӣ мондааст, то ки ба хотири Йӯнотон ба вай эҳсон намоям?»
2 Ва дар хонадони Шоул навкаре буд, ки Сибо ном дошт; ва ӯро назди Довуд хонданд, ва подшоҳ ба ӯ гуфт: «Оё ту Сибо ҳастӣ?» Гуфт: «Бандаи ту ҳастам».
3 Ва подшоҳ гуфт: «Оё касе боз аз хонадони Шоул ҳаст, то ки ба вай эҳсони Худоро ба амал оварам?» Ва Сибо ба подшоҳ гуфт: «Боз писари Йӯнотон ҳаст, ки поҳояш ланг аст».
4 Ва подшоҳ ба ӯ гуфт: «Вай куҷост?» Ва Сибо ба подшоҳ гуфт: «Инак, вай дар хонаи Мокир ибни Амиил дар Лӯ‐Дабор мебошад».
5 Ва подшоҳ Довуд фиристода, варо аз хонаи Мокир ибни Амиил, аз Лӯ‐Дабор гирифт.
6 Ва Мефибӯшет ибни Йӯнотон ибни Шоул назди Довуд омад, ва бар рӯи худ афтода, ба ӯ сачда бурд; ва Довуд гуфт: «Эй Мефибӯшет!» Гуфт: «Инак бандаи ту».
7 Ва Довуд ба вай гуфт: «Натарс, зеро ки ба хотири падарат Йӯнотон ба ту албатта эҳсон хоҳам намуд, ва тамоми замини падарат Шоулро ба ту хоҳам баргардонид; ва ту ҳамеша дар сари суфраи ман нон хоҳӣ хӯрд».
8 Ва вай саҷда бурда, гуфт: «Бандаи ту чист, ки ба саги мурдае мисли ман илтифот намудаӣ?»
9 Ва подшоҳ навкари Шоул Сиборо хонда, ба вай гуфт: «Ҳар он чиро, ки ба Шоул ва тамоми хонадонаш тааллуқ дошт, ба писари оғоят додам.
10 Ва ту ва писаронат ва навкаронат заминро барои ӯ кор карда, ҳосили онро биёред, то ки писари оғоят нон барои хӯрданаш дошта бошад; вале Мефибӯшет, писари оғоят, ҳамеша дар сари суфраи ман нон хоҳад хӯрд». Ва Сибо понздаҳ писар ва бист навкар дошт.
11 Ва Сибо ба подшоҳ гуфт: «Мувофиқи ҳар он чи оғоям подшоҳ амр фармудааст, бандаат ҳамон тавр амал хоҳад кард». Ва подшоҳ гуфт, ки «Мефибӯшет мисли яке аз писарони подшоҳ дар сари суфраи ман хоҳад хӯрд».
12 Ва Мефибӯшет писари хурдсоле дошт, ки номаш Михо буд. Ва ҳамаи сокинони хонаи Сибо навкарони Мефибӯшет буданд.
13 Ва Мефибӯшет дар Ерусалим сукунат дошт, зеро ки ҳамеша дар сари суфраи подшоҳ мехӯрд; ва ду пояш ланг буд.
10БОБИ ДАҲУМ
Ҷанг бо арамиён ва банӣ‐Аммӯн.
1 Ва баъд аз он чунин воқеъ шуд, ки подшоҳи банӣ‐Аммӯн мурд, ва писараш Ҳонун ба ҷои вай подшоҳ шуд.
2 Ва Довуд гуфт: «Ба Ҳонун ибни Ноҳош эҳсон хоҳам намуд, чунки падари вай ба ман эҳсон карда буд». Ва Довуд фиристод, то ки ба воситаи навкарони худ ба вай дар бораи падараш таъзия баён намояд; ва навкарони Довуд ба замини банӣ‐Аммӯн омаданд.
3 Ва сарварони банӣ‐Аммӯн ба оғои худ Ҳонун гуфтанд: «Оё ба гумони ту Довуд падаратро эҳтиром менамуд, ки навкаронашро барои баён кардани таъзия назди ту фиристодааст? Довуд, охир, онҳоро барои он фиристодааст, ки шаҳрро тафтиш ва ҷосусӣ намуда, баъд онро валангор кунад».
4 Ва Ҳонун бандагони Довудро гирифта, нисфи ришашонро тарошид, ва либосҳошонро то нисфаш, яъне аз поён то суринашон бурида партофт, ва онҳоро фиристод.
5 Ва инро ба Довуд хабар доданд, ва ӯ ба пешвози онҳо фиристод, зеро ки ин одамон бағоят хиҷил буданд; ва подшоҳ гуфт: «Дар Ериҳӯ бимонед, то вақте ки ришҳотон калон шавад, ва баъд аз он хоҳед баргашт».
6 Ва банӣ‐Аммӯн диданд, ки дар назари Довуд нафратангез гардиданд; ва банӣ‐Аммӯн фиристода, аз арамиёни Байт‐Раҳӯб ва аз арамиёни Сӯбо бист ҳазор пиёда, ва подшоҳи Маъкоро бо ҳазор нафар, ва аз мардони Туб дувоздаҳ ҳазор нафар киро карданд.
7 Ва Довуд инро шунида, Юоб ва тамоми лашкари далеронро фиристод.
8 Ва банӣ‐Аммӯн берун омада, дар даҳани дарвоза барои ҷанг саф кашиданд; ва арамиёни Сӯбо ва Раҳӯб ва мардони Туб ва Маъко дар саҳро алоҳида мавқеъ гирифтанд.
9 Ва Юоб дид, ки ба муқобили ӯ ҳам аз пеш ва ҳам аз ақиб барои ҷанг омода шудаанд; ва ӯ аз ҳамаи гузинони Исроил фавҷе интихоб намуда, бар зидди арамиён саф кашид.
10 Ва бақияи қавмро ба дасти бародараш Абишой супурд, то ки бар зидди банӣ‐Аммӯн саф кашад.
11 Ва гуфт: «Агар арамиён аз ман зӯр бароянд, ба мадади ман биё, ва агар банӣ‐Аммӯн аз ту зӯр бароянд, ман ба мадади ту хоҳам омад.
12 Далер бош, ва мо барои қавми худ ва барои шаҳрҳои Худои ҳуд далерона хоҳем ҷангид, ва Худованд он чиро, ки дар назараш писанд ояд, ба амал хоҳад овард».
13 Ва Юоб ва қавме ки бо ӯ буданд, ба ҷанги зидди арамиён шурӯъ карданд; ва онҳо аз пеши ӯ рӯ ба гурез оварданд.
14 Чун банӣ‐Аммӯн диданд, ки арамиён рӯ ба гурез оварданд, онҳо низ аз пеши Абишой гурехта, ба шаҳр дохил шуданд; ва Юоб аз ҷанги зидди банӣ‐Аммӯн баргашта, ба Ерусалим омад.
15 Ва чун арамиён диданд, ки пеши Исроил мағлуб гардиданд, яқҷоя ҷамъ шуданд.
16 Ва Ҳададозар фиристода, арамиёнеро, ки дар он тарафи наҳр буданд, берун овард, ва онҳо ба Ҳелом омаданд; ва Шубак, сарлашкари Ҳададозар, пешопеши онҳо мерафт.
17 Ва ба Довуд хабари ин расид, ва ӯ тамоми Исроилро ҷамъ кард, ва аз Урдун убур намуда, ба Ҳелом омад; ва арамиён ба муқобили Довуд саф кашида, бо ӯ ҷанг карданд.
18 Ва арамиён аз пеши Исроил рӯ ба гурез оварданд; ва Довуд аз арамиён аспони ҳафтсад ароба ва чил ҳазор савораро кушт, ва сарлашкари онҳо Шубакро зарба зад, ки вай дар он ҷо мурд.
19 Ва чун ҳамаи подшоҳони зердасти Ҳададозар диданд, ки пеши Исроил мағлуб гардиданд, бо исроилиён сулҳ баста, ба онҳо тобеъ шуданд; ва арамиён минбаъд аз дастгирӣ кардани банӣ‐Аммӯн тарсиданд.
11БОБИ ЁЗДАҲУМ
Гуноҳи азими Довуд.
1 Ва баъд аз интиҳои сол, вақте ки подшоҳон берун мераванд, чунин воқеъ шуд, ки Довуд Юобро бо навкарони худ ва бо тамоми Исроил фиристод, ва онҳо банӣ‐Аммӯнро зарба зада, Раббаро муҳосира карданд; вале Довуд дар Ерусалим монд.
2 Ва ҳангоми шом чунин воқеъ шуд, ки Довуд аз бистари худ бархоста, бар боми хонаи подшоҳ гардиш мекард, ва аз болои бом занеро дид, ки шустушӯй мекунад; ва ин зан бағоят хушлиқо буд.
3 Ва Довуд фиристод, ки дар бораи ин зан пурсуҷӯй кунанд; ва ба ӯ гуфтанд: «Вай, охир, Батшобаъ бинти Алиом, завҷаи Уриёи ҳиттӣ мебошад».
4 Ва Довуд қосидон фиристод, то ки варо бигиранд; ва вай назди ӯ омад, ва ӯ бо вай хобид, дар сурате ки вай аз наҷосати худ пок шуда буд; ва вай ба хонаи худ баргашт.
5 Ва ин зан ҳомила шуд, ва ба Довуд фиристода, хабар дод ва гуфт: «Ман ҳомила ҳастам».
6 Ва Довуд назди Юоб фиристод: «Уриёи ҳиттиро назди ман бифирист». Ва Юоб Уриёро назди Довуд фиристод.
7 Ва Уриё назди ӯ омад, ва Довуд аз саломатии Юоб ва аз саломатии қавм ва аз вазъияти ҷанг пурсид.
8 Ва Довуд ба Уриё гуфт: «Ба хонаи худ рафта, пойҳоятро бишӯй». Ва Уриё аз хонаи подшоҳ берун рафт, ва аз қафояш инъом аз суфраи подшоҳ фиристода шуд.
9 Вале Уриё назди дари хонаи подшоҳ бо ҳамаи навкарони оғои худ хобида, ба хонаи худ нарафт.
10 Ва ба Довуд хабар дода, гуфтанд: «Уриё ба хонаи худ нарафтааст». Ва Довуд ба Уриё гуфт: «Ту, охир, аз роҳ расидаӣ, пас чаро ба хонаи худ нарафтӣ?»
11 Ва Уриё ба Довуд гуфт: «Сандуқ ва Исроил ва Яҳудо дар хаймаҳо сокинанд, ва оғоям Юоб ва навкарони оғоям бар рӯи саҳро ӯрду задаанд, ва ман ба хонаи худ рафта, бихӯрам ва бинӯшам ва бо зани худ бихобам? Қасам ба ҳаёти ту ва ба ҳаёти ҷони ту, ки чунин нахоҳам кард!»
12 Ва Довуд ба Уриё гуфт: «Имрӯз низ дар ин ҷо бимон, ва фардо туро хоҳам фиристод». Ва Уриё он рӯз ва фардояш дар Ерусалим монд.
13 Ва Довуд ӯро даъват намуд, ва дар ҳузураш ӯ хӯрд ва нӯшид, ва ӯро маст гардонид; ва ҳангоми шом ӯ берун рафта, бар бистараш бо навкарони оғояш хобид, ва ба хонаи худ нарафт.
14 Ва чун субҳ дамид, Довуд ба Юоб мактубе навишт, ва ба дасти Уриё дода фиристод.
15 Ва дар мактуб чунин навишта буд: «Уриёро дар мавқеи ҳарбу зарби сахт бигузоред, ва аз ақибаш худро канор кашед, то ки ӯ зарба хӯрда, бимирад».
16 Ва ҳангоме ки Юоб шаҳрро муҳосира мекард, Уриёро дар мақоме гузошт, ки медонист, ки дар он ҷо ҷанговарони далер ҳастанд.
17 Ва мардуми шаҳр берун омада, бо Юоб ҷанг карданд, ва чанде аз қавм, аз навкарони Довуд афтоданд; ва Уриён ҳиттӣ низ мурд.
18 Ва Юоб фиристода, ба Довуд тамоми вақоеи ҷангро хабар дод.
19 Ва ба қосид амр фармуда, гуфт: «Вақте ки ба подшоҳ тамоми вақоеи ҷангро ҳикоят намоӣ,
20 Ва подшоҳ хашмгин гардида, ба ту бигӯяд: „Чаро барои ҷанг ба шаҳр наздик шудед? Шумо магар намедонистед, ки аз болои ҳисор тирандозӣ мекунанд?
21 Кист, ки Абималик ибни Ерубошатро кушт? Зане, охир, санги болоии осиёро бар ӯ аз болои ҳисор андохт, ва ӯ дар Тебес мурд. Пас, чаро шумо ба ҳисор наздик шудед?“ — он гоҳ бигӯй: „Навкарат Уриёи ҳиттӣ низ мурдааст“».
22 Ва қосид рафт, ва омада, ба Довуд ҳар чиро, ки Юоб барояш фиристода буд, хабар дод.
23 Ва қосид ба Довуд гуфт: «Азбаски он одамон бар мо дастболо шуда, аз ақиби мо ба саҳро баромаданд, мо онҳоро то даҳани дарвоза дунболагирӣ кардем;
24 Ва тирандозон бар навкаронат аз болои ҳисор тир андохтанд, ва баъзе аз навкарони подшоҳ мурданд; ва навкарат Уриёи ҳиттӣ низ мурд».
25 Ва Довуд ба қосид гуфт: «Ба Юоб чунин бигӯй: „Ин ҳодиса ба назари ту бад нанамояд, зеро ки шамшер гоҳе ин тавр, ва гоҳе ба таври дигар ба ҳалокат мерасонад; ҷанги худро ба муқобили шаҳр пурзӯр карда, онро валангор бикун“. Пас, ӯро далер намо».
26 Ва зани Уриё шунид, ки шавҳараш Уриё мурдааст; ва вай барои шавҳари худ навҳагарӣ кард.
27 Ва ҳангоме ки мӯҳлати мотами вай анҷом ёфт, Довуд фиристода, варо ба хонаи худ овард; ва вай завҷаи ӯ шуд, ва барои ӯ писаре зоид. Ва коре ки Довуд кард, ба назари Худованд бад намуд.
12БОБИ ДУВОЗДАҲУМ
Пушаймон шудани Довуд.
1 Ва Худованд Нотонро назди Довуд фиристод, ва вай назди ӯ омада, ба ӯ гуфт:
«Дар шаҳре ду мард буданд, яке сарватдор ва дигаре камбағал.
2 Сарватдор гӯсфандон ва говони бағоят бисьёр дошт,
3 Вале камбағал чизе чуз як меши майдаяк надошт,
ки онро харида парварида буд,
ва он назди ӯ бо якҷоягии бачагонаш калон мешуд:
аз нони ӯ мехӯрд ва аз косаи ӯ менӯшид ва дар бағали ӯ мехобид,
ва барои ӯ мисли духтар буд.
4 Ва мусофире назди марди сарватдор омад,
ва ӯ дареғ дошт, ки аз гӯсфандон ва говони худ гирифта,
барои меҳмоне ки назди ӯ омадааст, хӯроке тайёр кунад,
балки меши марди камбағалро гирифта, барои шахсе ки назди ӯ омада буд, хӯрок тайёр кард».
5 Ва хашми Довуд бар он мард бағоят аланга зад, ва ӯ ба Нотон гуфт: «Қасам ба ҳаёти Худованд, ки марде ки чунин амал кардааст, сазовори қатл аст!
6 Ва барои меш вай бояд чор баробар талофӣ диҳад: аз барои он ки чунин амал кардааст, ва аз барои он ки тараҳҳум нанамудааст».
7 Ва Нотон ба Довуд гуфт: «Он мард ту ҳастӣ! Худованд Худои Исроил чунин мегӯяд: „Ман туро ба подшоҳӣ бар Исроил тадҳин намудам, ва Ман туро аз дасти Шоул раҳоӣ додам;
8 Ва хонаи оғоятро ба ту додам ва занони оғоятро ба оғӯши ту; ва хонадони Исроил ва Яхудоро ба ту додам, ва агар ин кам бошад, ба ту боз ва боз илова менамудам.
9 Пас чаро ту ба каломи Худованд беэътиноӣ намуда, он чиро, ки дар назари Ӯ бад аст, ба амал овардӣ? Уриёи ҳиттиро бо шамшер зарба зада, занашро барои худ ба занӣ гирифтӣ; ва ӯро бо шамшери банӣ‐Аммӯн куштӣ.
10 Ва алҳол шамшер аз хонадони ту то абад дур нахоҳад шуд, ба он сабаб ки ба Ман беэътиноӣ намудӣ, ва зани Уриёи ҳиттиро гирифтӣ, то ки зани ту бошад“.
11 Худованд чунин мегӯяд: „Инак, Ман аз хонаи худат ба сари ту бадӣ хоҳам овард, ва занони туро пеши назари ту гирифта, ба ёри ту хоҳам дод, ва ӯ пеши назари ин офтоб бо занони ту хоҳад хобид.
12 Дар сурате ки ту ин корро пинҳонӣ кардаӣ, Ман ин корро пеши назари тамоми Исроил ва пеши назари офтоб ба ҷо хоҳам овард“».
13 Ва Довуд ба Нотон гуфт: «Ман пеши Худованд гуноҳ кардаам». Ва Нотон ба Довуд гуфт: «Худованд низ аз гуноҳат гузароӣ кардааст; ту нахоҳӣ мурд.
14 Аммо азбаски ту бо ин кор сабаби куфр гуфтани душманони Худованд гардидаӣ, он писар низ, ки барои ту таваллуд ёфтааст, албатта хоҳад мурд».
15 Ва Нотон ба хонаи худ рафт. Ва Худованд бачаеро, ки зани Уриё барои Довуд зоида буд, гирифтори беморӣ кард, ва бемории вай сахт буд.
16 Ва Довуд аз Худо барои кӯдак илтимос намуд; ва Довуд рӯза дошт, ва омада, бар рӯи замин хобида шабро мегузаронид.
17 Ва пирони хонааш назди ӯ омада, саъю кӯшиш мекарданд, ки ӯро аз замин бархезонанд, вале ӯ розӣ намешуд, ва ҳамроҳи онҳо нон намехӯрд.
18 Ва дар рӯзи ҳафтум бача мурд; ва навкарони Довуд тарсиданд, ки мурдани бачаро ба ӯ хабар диҳанд, зеро ки ба ҳамдигар мегуфтанд: «Инак, вақте ки бача зинда буд, мо ба ӯ сухан рондем, ва ӯ ба овози мо гӯш надод; пас, чӣ гуна ба ӯ бигӯем, ки бача мурдааст? Шояд, ӯ кори баде бо худ бикунад».
19 Ва Довуд дид, ки навкаронаш ба якдигар пичиррос мезананд, ва Довуд фаҳмид, ки бача мурдааст; ва Довуд ба навкаронаш гуфт: «Оё бача мурдааст?» Гуфтанд: «Мурдааст».
20 Ва Довуд аз замин бархоста, худро шустушӯ ва тадҳин намуд, ва либосашро иваз кард, ва ба хонаи Худованд рафта, ибодат намуд, ва ба хонаи худ омада, хӯрок пурсид, ва пеши ӯ нон монданд, ва ӯ хӯрд.
21 Ва навкаронаш ба ӯ гуфтанд: «Ин чӣ кор аст, ки кардӣ: вақте ки бача зинда буд, рӯза дошта гирья кардӣ, ва чун бача мурд, бархоста нон хурдӣ?»
22 Ва ӯ гуфт: «То даме ки бача зинда буд, ман рӯза дошта гирья кардам, зеро ки ба дили худ гуфтам: „Шояд, Худованд ба ман марҳамат намояд, ва бача зинда монад“.
23 Ва алҳол вай мурдааст, пас чаро ман рӯза дорам? Оё ман метавонам варо баргардонам? Ман назди вай хоҳам рафт, вале вай назди ман нахоҳад баргашт».
Таваллуд ёфтани Сулаймон.
24 Ва Довуд зани худ Батшобаъро тасаллӣ дод, ва назди вай даромада, бо вай хобид, ва вай писаре зоид, ва ӯро Сулаймон ном ниҳод, ва Худованд ӯро дӯст дошт.
25 Ва ба воситаи Нотони набӣ хабар фиристод, ва вай ӯро ба хотири Худованд Едидёҳ+ 12:25 Маҳбуби Худованд. ном ниҳод.
Довуд ва Юоб Раббаро ишғол мекунанд.
26 Ва Юоб бо Раббаи банӣ‐Аммӯн ҷанг карда, шаҳри подшоҳнишинро гирифт.
27 Ва Юоб қосидонро назди Довуд фиристода, гуфт: «Бо Рабба ҷанг карда, обанбори шаҳрро низ гирифтам.
28 Ва алҳол бақияи қавмро ҷамъ намо, ва бар зидди шаҳр ӯрду зада, онро бигир; мабодо ман шаҳрро бигирам, ва он ба номи ман хонда шавад».
29 Ва Довуд тамоми қавмро ҷамъ намуда, сӯи Рабба рафт, ва бо он ҷанг карда, онро гирифт.
30 Ва тоҷи подшоҳи онҳоро аз сараш гирифт, ки вазнаш як киккар+ 12:30 Киккар — воҳиди андозаи пул, ё вазни он, ки ба 3000 сиқл (ё ба як талант) баробар буд. буд ва санги гаронбаҳое дошт, ва онро бар сари Довуд гузоштанд; ва ӯ ғанимати бағоят зиёде аз шаҳр берун овард.
31 Ва қавмеро, ки дар он буданд, берун овард, ва онҳоро зери арраҳо ва ғаллакӯбакҳои оҳанин ва табарҳои оҳанин гузошт, ва онҳоро ба корҳои хумдони хиштпазӣ баргумошт; ва бо ҳамаи шаҳрҳои банӣ‐Аммӯн чунин амал кард; ва Довуд ва тамоми қавм ба Ерусалим баргаштанд.
13БОБИ СЕЗДАҲУМ
Ҷинояти Амнӯн.
1 Ва баъд аз он чунин воқеъ шуд: Абшолӯм ибни Довуд хоҳари хушрӯе дошт, ки номаш Томор буд; ва Амнӯн ибни Довуд варо дӯст дошт.
2 Ва Амнӯн аз ишқи хоҳараш Томор чунон шайдо гашт, ки мисли беморе менамуд, зеро ки вай бокира буд, ва ба назари Амнӯн мушкил буд, ки бо вай коре тавонад бикунад.
3 Ва Амнӯн ёре дошт, ки номаш Юнодоб буд, ва ӯ писари Шимъо бародари Довуд буд; ва Юнодоб шахси бағоят айёр буд.
4 Ва ба ӯ гуфт: «Чаро ту, эй шоҳзода, рӯз ба рӯз чунин лоғар мешавӣ? Ба ман, охир, бигӯй». Ва Амнӯн ба ӯ гуфт: «Ман Томорро, ки хоҳари бародарам Абшолӯм аст, дӯст медорам».
5 Ва Юнодоб ба ӯ гуфт: «Бар бистарат хобида, худро бемор вонамуд кун; ва ҳангоме ки падарат барои дидани ту биёяд, ба ӯ бигӯй: „Бигзор хоҳарам Томор омада, маро хӯрок хӯронад, ва хӯрокро пеши назари ман тайёр кунад, то ки бубинам ва аз дасти вай бихӯрам“».
6 Ва Амнӯн хобида, худро бемор вонамуд кард; ва подшоҳ барои дидани ӯ омад, ва Амнӯн ба подшоҳ гуфт: «Бигзор хоҳарам Томор омада, пеши назарам як‐дуто чалпак пазад, ва ман аз дасташ бихӯрам».
7 Ва Довуд назди Томор ба хонааш фиристода, гуфт: «Лутфан, ба хонаи бародарат Амнӯн рафта, барои ӯ хӯрок бипаз».
8 Ва Томор ба хонаи бародараш Амнӯн рафт, ва ӯ хобида буд; ва орд гирифта, хамир кард, ва пеши назари ӯ қурсҳо тайёр карда, чалпак пухт.
9 Ва тобаро гирифта, пеши ӯ холӣ кард, вале ӯ майли хӯрдан накард. Ва Амнӯн гуфт: «Ҳамаи одамонро аз пеши ман бароред!» Ва ҳамаи одамон аз пеши ӯ баромаданд.
10 Ва Амнӯн ба Томор гуфт: «Хӯрокро ба он ҳуҷра биёр, то ки аз дасти ту бихӯрам». Ва Томор чалпакҳоро, ки пухта буд, гирифта, назди бародари худ Амнӯн ба он ҳуҷра овард.
11 Ва ҳамин ки назди ӯ монд, то ки бихӯрад, ӯ варо дошта, ба вай гуфт: «Биё, бо ман бихоб, эй хоҳарам».
12 Вале вай ба ӯ гуфт: «Не, эй бародарам, ба номӯси ман таҷовуз накун; зеро ки дар Исроил чунин рафтор намекунанд; ин кори зиштро накун.
13 Ва ман нанги худро ба куҷо барам? Ва ту мисли яке аз сафилон дар Исроил хоҳӣ шуд. Ва алҳол, лутфан, ту бо подшоҳ гуфтугӯ намо, зеро ки маро аз ту дареғ нахоҳад дошт».
14 Вале ӯ нахост ба овози вай гӯш диҳад, ва аз вай зӯр баромада, ба номӯсаш расид, ва бо вай хобид.
15 Ва Амнӯн бо нафрати бағоят азиме аз вай нафрат намуд, ба тавре ки нафрате ки аз вай пайдо кард, аз муҳаббате ки ба вай дошт, бузургтар буд; ва Амнӯн ба вай гуфт: «Бархоста, бирав».
16 Ва вай ба ӯ гуфт: «Не, зеро ин бадие ки ту дар ҳаққи ман карда, маро бадар меронӣ, бузургтар аст аз бадии дигаре ки дар ҳаққи ман кардӣ». Вале ӯ нахост ба овози вай гӯш диҳад,
17 Ва навкари хизматгузори худро хонда, гуфт: «Варо аз пеши ман бадар бирон, ва дарро аз пушташ бибанд».
18 Ва вай куртаи рангоранге дар бар дошт, зеро ки духтарони бокираи подшоҳ чунин либосе мепӯшиданд. Ва хизматгузори ӯ варо берун бароварда, дарро аз пушташ баст.
19 Ва Томор хокистар бар сари худ пошид, ва куртаи рангорангро, ки дар бар дошт, дарронид, ва дастҳояшро бар сараш гузошта, мерафту фарьёд мезад.
20 Ва бародараш Абшолӯм ба вай гуфт: «Оё бародарат Амнӯн бо ту буд? Ва алҳол, эй хоҳарам, хомӯш бош; ӯ бародари туст; аз ин кор дилафгор нашав». Ва Томор дар хонаи бародараш Абшолӯм сокин шуда, парешонаҳвол гардид.
21 Ва подшоҳ Довуд тамоми ин воқеаро шунида, бағоят хашмгин шуд.
22 Ва Абшолӯм бо Амнӯн сухане бад ё нек нагуфт; зеро ки Абшолӯм аз Амнӯн нафрат дошт, барои он ки ба номӯси хоҳараш Томор таҷовуз карда буд.
Интиқоми Абшолӯм.
23 Ва чунин воқеъ шуд, ки баъд аз ду сол дар Баал‐Ҳосӯр, ки назди Эфроим аст, барои Абшолӯм пашмбурӣ мекарданд, ва Абшолӯм ҳамаи писарони подшоҳро даъват намуд.
24 Ва Абшолӯм назди подшоҳ омада, гуфт: «Инак, алҳол барои бандаат пашмбурӣ мекунанд; бигзор подшоҳ ва навкаронаш бо бандаат оянд».
25 Ва подшоҳ ба Абшолӯм гуфт: «Не, писарам, ҳамаи мо нахоҳем омад, то ки ба ту гаронӣ накунем». Ва ҳарчанд аз ӯ илтимос намуд, ӯ нахост биёяд, ва варо баракат дод.
26 Ва Абшолӯм гуфт: «Ҳеҷ набошад, бародарам Амнӯн ҳамроҳи мо биёяд». Ва подшоҳ ба ӯ гуфт: «Чаро вай бо ту биёяд?»
27 Вале Абшолӯм бо илтимосу илтиҷо ӯро розӣ кард, ва ӯ Амнӯн ва ҳамаи писарони подшоҳро бо вай фиристод.
28 Ва Абшолӯм ба навкаронаш амр фармуда, гуфт: «Бингаред, ҳамин ки дили Амнӯн аз шароб шод гардад, ва ман ба шумо гӯям: „Амнӯнро зарба занед“, дарҳол ӯро бикушед, натарсед: ман охир, шуморо амр фармудаам, пас қавидил ва далер бошед».
29 Ва навкарони Абшолӯм бо Амнӯн ончунон ки Абшолӯм амр фармуда буд, амал карданд; ва ҳамаи писарони подшоҳ бархостанд, ва ҳар яке ба хачири худ савор шуда, гурехтанд.
30 Ва ҳангоме ки онҳо дар роҳ буданд, овозае ба гӯши Довуд расид, ки Абшолӯм ҳамаи писарони подшоҳро куштааст, ва як нафар ҳам аз онҳо боқӣ намондааст.
31 Ва подшоҳ бархост ва либосҳояшро дарронида, бар замин хобид, ва ҳамаи навкаронаш, ки либосҳошонро дарронида буданд, дар атрофаш меистоданд.
32 Вале Юнодоб ибни Шимъо, бародари Довуд, ба сухан оғоз намуда, гуфт: «Бигзор оғоям гумон накунад, ки ҳамаи амрадони шоҳзодаро куштаанд, зеро танҳо Амнӯн мурдааст, чунки ин масъала назди Абшолӯм ҳал шуда буд, аз рӯзе ки вай ба номӯси хоҳари ӯ Томор таҷовуз карда буд.
33 Ва алҳол бигзор оғоям подшоҳ дили худро бо чунин фикр безобита накунад, ки гӯё ҳамаи писарони подшоҳ мурда бошанд, балки танҳо Амнӯн мурдааст».
34 Ва Абшолӯм гурехт. Ва навкаре ки дидбонӣ менамуд, чашмонашро баланд карда, дид, ки инак, аз роҳи ақиби он, аз ҷониби кӯҳ, қавми бисьёре меоянд.
35 Ва Юнодоб ба подшоҳ гуфт: «Инак, писарони подшоҳ меоянд; чунон ки бандаат гуфт, ончунон воқеъ шуд».
36 Ва ҳамин ки вай суханонашро тамом кард, инак писарони подшоҳ омаданд, ва овози худро баланд карда, гиристанд; ва подшоҳ низ ва ҳамаи навкаронаш зор‐зор гиристанд.
37 Ва Абшолӯм гурехта, назди Талмой ибни Аммиҳуд, подшоҳи Ҷашур, рафт; ва Довуд барои писари худ ҳар рӯз навҳа мекард.
38 Ва Абшолӯм гурехта, ба Ҷашур рафт, ва се сол дар он ҷо буд.
39 Ва подшоҳ Довуд дар ҳаваси он буд, ки сӯи Абшолӯм берун равад, зеро дар бораи Амнӯн, ки мурда буд, тасаллӣ ёфта буд.
14БОБИ ЧОРДАҲУМ
Юоб Абшолӯмро ҳимоят мекунад.
1 Ва Юоб ибни Саруё пайхас намуд, ки дили подшоҳ ба Абшолӯм моил аст.
2 Ва Юоб ба Тақӯо фиристода, аз он ҷо зани зиракеро оваронид, ва ба вай гуфт: «Лутфан, худро мотамдор вонамуд бикун, ва либоси мотамӣ бипӯш, ва ба танат равған намол, ва мисли зане бишав, ки айёми зиёде барои мурда мотам гирифта бошад.
3 Ва назди подшоҳ омада, ба ӯ ба ин мазмун сухан бирон». Ва Юоб он суханонро ба даҳони вай гузошт.
4 Ва он зани тақӯогӣ барои сухан рондан назди подшоҳ омад, ва бар рӯи худ ба замин афтода, сачда бурд, ва гуфт: «Ёварӣ намо, эй подшоҳ!»
5 Ва подшоҳ ба вай гуфт: «Туро чӣ шудааст?» Вай гуфт: «Инак, ман бевазане ҳастам, ва шавҳарам мурдааст.
6 Ва канизи ту ду писар дошт; ва ҳар ду дар саҳро хархаша намудаанд, ва касе набудааст, ки онҳоро аз якдигар чудо кунад, ва яке дигареро зарба зада, варо куштааст.
7 Ва инак, тамоми қабила бар канизи ту қиём намуда, мегӯянд: „Бародаркушро бисупор, то ки ӯро барои ҷони бародараш, ки куштааст, қатл кунем, ва ворисро низ маҳв намоем“. Ва онҳо ахгари маро, ки боқӣ мондааст, хомӯш хоҳанд кард, бе он ки барои шавҳарам номе ва бақияе бар рӯи замин бигузоранд».
8 Ва подшоҳ ба зан гуфт: «Ба хонаи худ бирав, ва ман дар бораи ту амр хоҳам фармуд».
9 Ва зани тақӯогӣ ба подшоҳ гуфт: «Эй оғоям подшоҳ, бигзор гуноҳ бар ман ва бар хонадони падарам бошад, ва подшоҳ ва тахти ӯ аз гуноҳ пок бошанд».
10 Ва подшоҳ гуфт: «Ҳар кӣ бо ту сухан гӯяд, ӯро назди ман биёр, ва ӯ дигар осебе ба ту нахоҳад расонид».
11 Вай гуфт: «Лутфан, эй подшоҳ, Худованд Худои худро зикр намо, то ки хунхоҳ ҳалокатро афзун накунад, ва онҳо писари маро накушанд». Ва ӯ гуфт: «Қасам ба ҳаёти Худованд, ки мӯе аз сари писарат ба замин нахоҳад афтод».
12 Ва зан гуфт: «Лутфан, ба канизи худ изн бидеҳ, ки ба оғоям подшоҳ боз сухане гӯяд». Ва ӯ гуфт: «Бигӯй».
13 «Пас чаро ту дар ҳаққи қавми Худо чунин андешидаӣ? Ва подшоҳ бо гуфтани ин сухан мисли айбдор аст, чунки подшоҳ рондашудаи худро барнагардонидааст.
14 Мо, охир, ҳатман хоҳем мурд, ва мисли обе хоҳем буд, ки ба замин рехта мешавад, ва онро дигар ҷамъ кардан мумкин нест; ва Худо ҷонро нобуд намекунад, балки тадбирҳо меандешад, то ки рондашудае аз ӯ ронда нашавад.
15 Ва алҳол назди оғоям подшоҳ барои гуфтани ин сухан ба он сабаб омадаам, ки қавм маро тарсониданд; ва канизат ба дили худ гуфт: „Биё, ба подшоҳ арз кунам; шояд, подшоҳ арзи чӯрии худро ба амал оварад;
16 Вақте ки подшоҳ бишнавад, чӯрии худро аз дасти касе ки мехоҳад маро бо якҷоягии писарам аз мероси Худо маҳв намояд, раҳо хоҳад кард“.
17 Ва канизи ту ба дили худ гуфт: „Сухани оғоям подшоҳ сабаби тасаллӣ хоҳад шуд“, зеро ки оғоям подшоҳ мисли фариштаи Худост, то ки нек ва бадро дарк намояд. Ва Худованд Худои ту бигзор бо ту бошад».
18 Ва подшоҳ ҷавоб гардонида, ба зан гуфт: «Чизе ки ман аз ту бипурсам, аз ман пинҳон надор». Ва зан гуфт: «Лутфан, оғоям подшоҳ бигӯяд».
19 Ва подшоҳ гуфт: «Оё дасти Юоб дар ҳамаии ин бо туст?» Ва зан ҷавоб гардонида, гуфт: «Қасам ба ҳаёти ҷони ту, эй оғоям подшоҳ, ки аз ҳар чи оғоям подшоҳ гуфт, кас наметавонад ба тарафи рост ё чап майл кунад: ҳақиқатан, бандаат Юоб ба ман амр фармудааст, ва ҳамаи ин суханонро ӯ ба даҳони канизи ту гузоштааст.
20 Барои тағьир додани вазъияти ҳозира бандаат Юоб ин корро кардааст; вале хирадмандии оғоям мисли хирадмандии фариштаи Худост, то ҳар чиро, ки бар рӯи замин аст, бидонад».
Довуд Абшолӯмро афв менамояд.
21 Ва подшоҳ ба Юоб гуфт: «Инак, ман ин корро кардаам, ва акнум ту рафта, Абшолӯми ҷавонро баргардон».
22 Ва Юоб бар рӯи худ ба замин афтода, сачда бурд, ва подшоҳро табрик намуд; ва Юоб гуфт: «Имрӯз бандаат медонад, ки дар назари ту, эй оғоям подшоҳ, илтифот ёфтаам, чунки подшоҳ бар тибқи сухани навкари худ амал намудааст».
23 Ва Юоб бархоста, ба Ҷашур рафт, ва Абшолӯмро ба Ерусалим овард.
24 Ва подшоҳ гуфт: «Бигзор ӯ ба хонаи худ баргардад, ва рӯи маро набинад». Ва Абшолӯм ба хонаи худ баргашт, ва рӯи подшоҳро надид.
25 Ва дар тамоми Исроил касе дар зебоӣ мисли Абшолӯм лоиқи таҳсин набуд: аз кафи пой то фарқи сараш ӯ нуқсоне надошт.
26 Ва ҳангоме ки мӯйсари худро метарошид, — онро ӯ дар охири ҳар сол метарошид, чунки бар ӯ гаронӣ мекард, ва аз ин сабаб онро метарошид, — мӯйсари ӯ ба санги подшоҳӣ дусад сиқл вазн дошт.
27 Ва барои Абшолӯм се писар ва як духтар, ки Томор ном дошт, таваллуд ёфтанд; вай зани зебосимое буд.
28 Ва Абшолӯм дар Ерусалим ду сол истод, вале рӯи подшоҳро надид.
29 Ва Абшолӯм назди Юоб фиристод, то ки варо пеши подшоҳ равона кунад, вале вай нахост, ки пеши ӯ биёяд; ва ӯ боз бори дуюм фиристод, вале нахост, ки биёяд.
30 Ва ӯ ба навкаронаш гуфт: «Бубинед, қитъаи Юоб дар шафати қитъаи ман аст, ва дар он ҷо вай киштӣ ҷав дорад: биравед ва онро оташ зада бисӯзонед». Ва навкарони Абшолӯм он қитъаро оташ зада, сӯзониданд.
31 Ва Юоб бархоста, назди Абшолӯм ба хонааш рафт, ва ба ӯ гуфт: «Чаро навкарони ту қитъаи маро оташ зада сӯзонидаанд?»
32 Ва Абшолӯм ба Юоб гуфт: «Инак, назди ту фиристода, гуфтам: ин ҷо биё, ва ман туро назди подшоҳ равона намоям, то ки бигӯӣ: „Чаро ман аз Ҷашур омадаам? Барои ман беҳтар мебуд, ки то кунун дар он ҷо бошам“. Ва алҳол мехоҳам рӯи подшоҳро бубинам, ва агар айбдор бошам, бигзор ӯ маро ба қатл расонад».
33 Ва Юоб назди подшоҳ омада, ба ӯ хабар дод, ва ӯ Абшолӯмро даъват намуд; ва вай назди подшоҳ омад, ва пеши подшоҳ бар рӯи худ ба замин афтода, саҷда бурд; ва подшоҳ Абшолӯмро бӯса кард.
15БОБИ ПОНЗДАҲУМ
Абшолӯм ба ҳусни таваҷҷӯҳи даҳ сибт ноил мегардад.
1 Ва пас аз он чунин воқеъ шуд, ки Абшолӯм барои худ ароба ва аспон муҳайё кард, ва панҷоҳ нафар шотирон пешопеши ӯ медавиданд.
2 Ва Абшолӯм бомдодон бармаҳал бархоста, дар сари роҳи дарвоза меистод; ва ҳар касе ки даъвое дошта, барои мурофиа назди подшоҳ меомад, варо Абшолӯм даъват намуда, мегуфт: «Ту аз кадом шаҳр ҳастӣ?» Ва ҳангоме ки вай мегуфт: «Бандаат аз фалон сибти Исроил ҳастам»,
3 Он гоҳ Абшолӯм ба вай мегуфт: «Инак, суханонат дуруст ва ҳаққонист, вале касе аз ҷониби подшоҳ нест, ки туро бишнавад».
4 Ва Абшолӯм мегуфт: «Кошки ман дар ин замин довар мешудам, ва ҳар касе ҷанҷол ва даъвое медошт, назди ман меомад, ва ман варо одилона доварӣ менамудам!»
5 Ва ҳангоме ки касе наздик меомад, то ки ба ӯ саҷда барад, ӯ дасти худро дароз карда, варо нигоҳ медошт ва мебӯсид.
6 Ва Абшолӯм бо ҳамаи исроилиёне ки барои мурофиа назди подшоҳ меомаданд, ҳамин тавр рафтор мекард; ва Абшолӯм дили мардуми Исроилро мерабуд.
Шӯриши Абшолӯм.
7 Ва чунин воқеъ шуд, ки пас аз гузаштани чор сол Абшолӯм ба Довуд гуфт: «Ба ман изн бидеҳ, ки рафта, назри худро, ки барои Худованд дар Ҳебрӯн ният кардаам, адо намоям;
8 Зеро бандаат, вақте ки дар Ҷашури арамиён сокин будам, назр карда, гуфтаам: „Агар Худованд маро ба Ерусалим баргардонад, ман Худовандро ибодат хоҳам намуд“».
9 Ва подшоҳ ба ӯ гуфт: «Ба саломатӣ бирав». Ва ӯ бархоста, ба Ҳебрӯн рафт.
10 Ва Абшолӯм ба ҳамаи сибтҳои Исроил ҷосусонро фиристода, гуфт: «Баробари шунидани садои шох бигӯед: „Абшолӯм дар Ҳебрӯн подшоҳ шудааст“».
11 Ва бо Абшолӯм дусад нафар даъватшудагон аз Ерусалим рафта буданд, дар ҳолате ки аз рӯи софдилӣ рафта, аз таги гап ҳеҷ хабар надоштанд.
12 Ва Абшолӯм, вақте ки қурбониҳоро забҳ менамуд, назди Аҳитӯфали ҷилӯнӣ, ки машваратчии Довуд буд, фиристода, варо аз шаҳри Ҷилӯ даъват намуд; ва суиқасди пурзӯре ба амал омад, ва қавм торафт бештар ба Абшолӯм ҳамроҳ мешуданд.
Гурехтани Довуд.
13 Ва қосиде назди Довуд омада, гуфт: «Дили мардуми Исроил ба тарафи Абшолӯм моил шудааст».
14 Ва Довуд ба ҳамаи навкаронаш, ки бо ӯ дар Ерусалим буданд, гуфт: «Бархезед, то ки бигрезем, зеро ки барои мо аз дасти Абшолӯм халосӣ нахоҳад буд; ба рафтан шитоб кунед, мабодо ӯ омада, моро дастгир намояд ва фалокате ба сари мо биёрад, ва аҳли шаҳрро ба дами шамшер бизанад».
15 Ва навкарони подшоҳ ба подшоҳ гуфтанд: «Дар ҳар чи, ки оғои мо подшоҳ ихтиёр кунад, инак, мо бандагони ту ҳастем».
16 Ва подшоҳ ва тамоми аҳли байташ аз паи ӯ берун рафтанд: ва подшоҳ даҳ занро, ки сурриягонаш буданд, барои нигоҳубини хона монда рафт.
17 Ва подшоҳ ва тамоми қавм аз паи ӯ берун рафта, дар охирин хонаи шаҳр бозистоданд.
18 Ва ҳамаи навкаронаш аз пеши ӯ гузаштанд; ва ҳамаи каритиён ва ҳамаи фалитиён, ва ҳамаи ҷаттиён, яъне шашсад нафаре ки аз паи ӯ аз Ҷат омада буданд, аз пеши подшоҳ гузаштанд.
19 Ва подшоҳ ба Иттои ҷаттӣ гуфт: «Ҷаро ту низ ҳамроҳи мо меоӣ? Баргард ва ҳамроҳи он подшоҳ бимон, зеро ки ту аҷнабӣ ҳастӣ, ва ту низ аз макони худ ҷалои ватан гардидаӣ.
20 Ту, охир, дирӯз омадаӣ, ва оё имрӯз ман туро ҳамроҳи мо ба оворагардӣ водор намоям? Ва ҳол он ки ман ба ҳар ҷо, ки рост ояд, меравам; пас, баргард ва бародарони худро баргардон. Эҳсон ва ростӣ ёри ту бод!»
21 Ва Иттой ба подшоҳ ҷавоб гардонида, гуфт: «Қасам ба ҳаёти Худованд ва ба ҳаёти оғоям подшоҳ, ки ҳар ҷое ки оғоям подшоҳ, хоҳ дар мамот ва хоҳ дар ҳаёт бошад, бандаи ту дар он ҷо хоҳад буд».
22 Ва Довуд ба Иттой гуфт: «Пас, бирав ва бигзар». Ва Иттои ҷаттӣ, ва ҳамаи одамонаш ва ҳамаи кӯдаконе ки бо ӯ буданд, гузаштанд.
23 Ва тамоми аҳли он замин бо овози баланд гирья мекарданд, ва тамоми қавм мегузаштанд; ва подшоҳ аз наҳри Қидрӯн гузашт, ва тамоми қавм ба роҳи биёбон гузаштанд.
24 Ва инак Содӯқ низ ва ҳамаи левизодагон бо вай сандуқи аҳди Худоро бардошта мебурданд, ва сандуқи Худоро гузоштанд; ва Абьётор бар баландие баромада истод, то даме ки тамоми қавм аз шаҳр берун омада, гузаштанд.
25 Ва подшоҳ ба Содӯқ гуфт: «Сандуқи Худоро ба шаҳр баргардон. Агар ман дар назари Худо илтифот ёбам, Ӯ маро хоҳад баргардонид, ва онро, ва маскани онро ба ман нишон хоҳад дод.
26 Ва агар чунин гӯяд: „Ҳусни таваҷҷӯҳи Ман бар ту нест“, — инак ман ҳозирам, бигзор он чи дар назараш писанд ояд, дар ҳаққи ман ба амал оварад».
27 Ва подшоҳ ба Содӯқи коҳин гуфт: «Ту магар намебинӣ? Пас, ба шаҳр ба саломатӣ баргард, ва бигзор писари ту Аҳимаас ва писари Абьётор — Йӯнотон, яъне ҳар ду писари шумо, ҳамроҳи шумо бошанд.
28 Бидонед, ки ман дар ҳамвории биёбон даранг хоҳам кард, то даме ки сухане аз шумо расида, маро хабардор гардонад».
29 Ва Содӯқ ва Абьётор сандуқи Худоро ба Ерусалим баргардонида, дар он ҷо монданд.
30 Ва Довуд ба кӯҳи Зайтун баромад, ва ҳангоми баромаданаш мегирист, ва сараш пӯшида буд, ва ӯ пойлуч роҳ мерафт; ва тамоми қавме ки ҳамроҳи ӯ буданд, ҳар яке сари худро пӯшонида, гирьякунон мерафтанд.
31 Ва ба Довуд хабар расонида, гуфтанд: «Аҳитӯфал бо Абшолӯм забон як кардааст». Ва Довуд гуфт: «Лутфан, эй Худованд, машварати Аҳитӯфалро ботил намо!»
32 Ва ҳангоме ки Довуд ба қуллаи кӯҳ, ки дар он ҷо ба Худо саҷда мебурд, расид, инак, Ҳушои аркӣ, ки ҷомаи дарида дар бар дошт ва хок бар сараш пошида буд, ба пешвози ӯ омад.
33 Ва Довуд ба вай гуфт: «Агар ту бо ман биёӣ, барои ман гаронӣ хоҳӣ кард.
34 Валекин агар ба шаҳр баргардӣ, ва ба Абшолӯм бигӯӣ: „Ман навкари ту, эй подшоҳ, хоҳам буд, чунон ки муддати зиёде ман навкари падарат будам, алҳол ман бандаи ту хоҳам буд“, — бо ҳамин ту машварати Аҳитӯфалро барои ман ботил хоҳӣ гардонид.
35 Дар он ҷо коҳинон Содӯқ ва Абьётор бо ту хоҳанд буд; ва ҳар сухане ки ту аз хонаи подшоҳ бишнавӣ, ба коҳинон Содӯқ ва Абьётор хабар деҳ.
36 Инак: ду писари онҳо: Аҳимаас писари Содӯқ ва Йӯнотон писари Абьётор дар он ҷо бо онҳо мебошанд; ва ҳар чизе ки бишнавед, ба воситаи онҳо ба ман хоҳед фиристод».
37 Ва чун Ҳушой, ки дӯсти Довуд буд, ба шаҳр омад, Абшолӯм ба Ерусалим ворид шуда буд.
16БОБИ ШОНЗДАҲУМ
Навкари дурӯғгӯй Мефибӯшет.
1 Ва ҳангоме ки Довуд аз қулла андаке дур рафт, инак Сибо, навкари Мефибӯшет, ба пешвози ӯ омад, ва бо вай як ҷуфт хари зиндор буд, ки дусад қурс нон, ва сад сар ангури соягӣ, ва сад курс анҷирқоқ ва як машк шароб бар онҳо буд.
2 Ва подшоҳ ба Сибо гуфт: «Ин чизҳои ту барои чист?» Ва Сибо гуфт: «Харҳо барои савор шудани аҳли байти подшоҳ аст, ва нону анҷир барои хӯрдани навкарон, ва шароб барои нӯшидани онҳое ки дар биёбон хаста шудаанд».
3 Ва подшоҳ гуфт: «Писари оғои ту куҷост?» Ва Сибо ба подшоҳ гуфт: «Инак, вай дар Ерусалим мондааст, зеро ки мегӯяд: „Алҳол хонадони Исроил салтанати падарамро ба ман хоҳанд баргардонид“».
4 Ва подшоҳ ба Сибо гуфт: «Инак, ҳар он чи Мефибӯшет дорад, аз они ту хоҳад шуд». Ва Сибо гуфт: «Саҷда мекунам; кошки дар назарат илтифот ёбам, эй оғоям подшоҳ!»
Шимъӣ Довудро дашном медиҳад.
5 Ва ҳангоме ки Довуд ба Баҳурим расид, инак, шахсе аз қабилаи хонадони Шоул, ки Шимъӣ ибни Ҷеро ном дошт, аз он ҷо берун омад, — вай берун омада, дашном медод,
6 Ва ба Довуд ва ба ҳамаи навкарони подшоҳ Довуд санг меандохт, дар сурате ки тамоми қавм ва ҳамаи паҳлавонон ба тарафи рост ва чапи ӯ буданд.
7 Ва Шимъӣ дашном дода, чунин мегуфт: «Дафъ шав, дафъ шав, эй одамкуш ва нобакор!
8 Худованд тамоми хуни хонадони Шоулро, ки дар ҷояш салтанат рондаӣ, бар ту баргардонидааст, ва Худованд салтанатро ба дасти писарат Абшолӯм супурдааст, ва инак, ту гирифтори фалокат шудаӣ, зеро ки ту одамкуш ҳастӣ».
9 Ва Абишой ибни Саруё ба подшоҳ гуфт: «Чаро ин саги мурда оғоям подшоҳро дашном диҳад? Изн бидеҳ, то ки рафта, сарашро аз танаш ҷудо кунам».
10 Вале подшоҳ гуфт: «Шуморо бо ман чӣ кор аст, эй писарони Саруё? Бигзор вай дашном додан гирад, зеро ки Худованд ба вай амр фармудааст: „Довудро дашном бидеҳ!“ Пас, кист, ки бигӯяд: „Чаро чунин амал мекунӣ?“»
11 Ва Довуд ба Абишой ва ба ҳамаи навкаронаш гуфт: «Модоме ки писари ман, ки аз камарам рӯидааст, қасди ҷони ман дорад, пас алалхусус ҳоло аз биньёминӣ чӣ ҷои гила аст! Варо бигзоред, ки дашном диҳад, зеро ки Худованд ба вай амр фармудааст.
12 Шояд, Худованд залолати маро бубинад, ва Худованд дар бадали дашноми имрӯзаи вай ба ман подоши неке бидиҳад».
13 Ва Довуд бо одамонаш дар роҳ равона буд, ва Шимъӣ аз ҷониби кӯҳ дар рӯ ба рӯи ӯ мерафт, — мерафту дашном медод, ва ба тарафи ӯ санг меандохт, ва хок мепошид.
14 Ва подшоҳ ва тамоми қавме ки бо ӯ буданд, ҳалоку монда шуда омаданд, ва дар он ҷо дам гирифтанд.
15 Ва Абшолӯм ва тамоми қавм, яъне мардуми Исроил, ба Ерусалим омаданд; ва Аҳитӯфал бо ӯ буд.
16 Ва ҳангоме ки Ҳушои аркӣ, дӯсти Довуд, назди Абшолӯм омад, — Ҳушой ба Абшолӯм гуфт: «Зинда бод подшоҳ! Зинда бод подшоҳ!»
17 Ва Абшолӯм ба Ҳушой гуфт: «Оё эҳсони ту ба дӯстат ҳамин аст? Чаро бо дӯсти худ нарафтӣ?»
18 Ва Ҳушой ба Абшолӯм гуфт: «Не, балки касеро, ки Худованд, ва ин қавм, ва тамоми мардуми Исроил баргузида бошанд, — ман навкари ӯ хоҳам буд, ва назди ӯ хоҳам монд.
19 Ва сониян, ман назди кӣ хизмат хоҳам кард? Оё на назди писари ӯ? Пас, чунон ки ба ҳузури падари ту хизмат кардаам, ончунон дар ҳузури ту хоҳам буд».
20 Ва Абшолӯм ба Аҳитӯфал гуфт: «Шумо машварат диҳед, ки чӣ кор кунем».
21 Ва Аҳитӯфал ба Абшолӯм гуфт: «Назди сурриягони падарат, ки барои нигоҳубини хона гузоштааст, дохил шав, ва тамоми Исроил хоҳанд шунид, ки барои падарат нафратангез гардидаӣ, ва он гоҳ дасти ҳамаи онҳое ки ҳамроҳи ту ҳастанд, қавӣ хоҳад шуд».
22 Ва барои Абшолӯм хаймае бар бом барафроштанд, ва Абшолӯм пеши назари тамоми Исроил назди сурриягони падараш дохил шуд.
23 Ва машваратҳое ки Аҳитӯфал дар он айём медод, мисли он буд, ки касе каломи Худоро пурсида бошад; ҳар машварате ки Аҳитӯфал чи ба Довуд, чи ба Абшолӯм медод, ҳамин тавр буд.
17БОБИ ҲАФДАҲУМ
Дасисаҳои бемуваффақияти Аҳитӯфал ва анҷоми нангини вай.
1 Ва Аҳитӯфал ба Абшолӯм гуфт: «Ба ман изн бидеҳ, ки дувоздаҳ ҳазор нафарро баргузида, бархезам ва ҳамин шаб Довудро таъқиб намоям.
2 Ва дар сурате ки ӯ аз ҳол рафта, дастҳояш суст шуда бошад, ман ба ӯ ҳамла карда, ӯро ба ҳарос хоҳам андохт, ва тамоми қавме ки бо ӯ ҳастанд, рӯ ба гурез хоҳанд овард, ва ман танҳо подшоҳро хоҳам кушт.
3 Ва тамоми қавмро назди ту хоҳам баргардонид; ва чун ҳамаашон аз касе ки ту қасди ҷонаш дорӣ, баргарданд, он гоҳ тамоми қавм дар ҳолати осоиштагӣ хоҳанд буд».
4 Ва ин сухан дар назари Абшолӯм, ва дар назари ҳамаи пирони Исроил писанд омад.
5 Ва Абшолӯм гуфт: «Ҳушои аркиро низ даъват намоед, то бишнавем, ки вай чӣ мегӯяд».
6 Ва ҳамин ки Ҳушой назди Абшолӯм омад, Абшолӯм ба вай сухан ронда, гуфт: «Аҳитӯфал ба ин мазмун сухан рондааст; оё мувофиқи сухани ӯ амал кунем? Вагар на, ту бигӯй».
7 Ва Ҳушой ба Абшолӯм гуфт: «Машварате ки Аҳитӯфал додааст, ҳамин дафъа хуб нест».
8 Ва Ҳушой гуфт: «Ту падарат ва одамонашро медонӣ: онҳо далеранд ва мисли хирси саҳро, ки аз бачаҳояш маҳрум шуда бошад, бағоят хашмгинанд; ва падарат марди ҷангозмуда аст, ва шаб дар миёни қавм хоб намеравад.
9 Инак, алҳол ӯ дар мағорае ё ҷои дигаре пинҳон аст, ва чунин воқеъ хоҳад шуд, ки агар касе дар ибтидои хуҷум биафтад, инро шунида, хоҳанд гуфт: „Кавме ки бо Абшолӯм ҳастанд, шикаст хӯрдаанд“.
10 Ва он гоҳ ҳатто ҷанговаре ки дилаш мисли дили шер аст, аз рӯҳ хоҳад афтод, зеро тамоми Исроил медонанд, ки падари ту паҳлавон аст, ва ҳамроҳонаш далеранд.
11 Бинобар ин машварати ман ин аст: бигзор тамоми Исроил, аз Дон то Беэр‐Шобаъ, ки мисли реги соҳили дарьё сершуморанд, назди ту ҷамъ шаванд, ва худи ту дар миёни онҳо равона бошӣ.
12 Ва мо, дар ҳар ҷое ки ӯ бошад, ба муқобили ӯ хоҳем рафт, ва мисли шабнаме ки бар замин мерезад, бар ӯ ҳуҷум хоҳем кард, ва назди ӯ аз ҳамаи ҳамроҳонаш як нафар ҳам боқӣ нахоҳад монд.
13 Ва агар ӯ ба шахре дохил шавад, тамоми Исроил ба он шаҳр танобҳо хоҳанд овард, ва мо онро ба наҳр хоҳем кашид, ба тавре ки дар он ҷо як сангреза ҳам боқӣ намонад».
14 Ва Абшолӯм ва тамоми мардуми Исроил гуфтанд: «Машварати Ҳушои аркӣ аз машварати Аҳитӯфал беҳтар аст». Зеро ҳукми Худованд он буд, ки машварати хуби Аҳитӯфал ботил гардад, то ки Худованд фалокате бар Абшолӯм оварад.
15 Ва Ҳушой ба коҳинон Содӯқ ва Абьётор гуфт: «Аҳитӯфал ба Абшолӯм ва пирони Исроил чунин ва чунон машварат дод, ва ман чунин ва чунон машварат додам.
16 Ва алҳол ба зудӣ бифиристед ва ба Довуд хабар дода, гӯед: „Имшаб дар даштрӯяи биёбон таваққуф накун, балки ҳатман убур намо, мабодо подшоҳ ва тамоми қавме ки бо ӯ ҳастанд, талаф шаванд“».
17 Ва Йӯнотон ва Аҳимаас назди Эйн‐Рӯҷел истода буданд, ва канизе рафта, ба онҳо хабар дод, ва онҳо рафта, ба подшоҳ Довуд хабар доданд, зеро ки наметавонистанд ба шаҳр омада, худро зоҳир созанд.
18 Ва навкаре онҳоро дида, ба Абшолӯм хабар дод; ва ҳар дуи онҳо ба зудӣ рафта, ба хонаи шахсе дар Баҳурим дохил шуданд, ки дар ҳавлии вай чоҳе буд, ва онҳо дар он фурӯд омаданд.
19 Ва зане сарпӯши чоҳро гирифта, даҳани онро пӯшонид, ва ярма бар рӯи он пошид, ба тавре ки чизе маълум нашуд.
20 Ва навкарони Абшолӯм назди он зан ба хона даромада, гуфтанд: «Аҳимаас ва Йӯнотон куҷоянд?» Зан ба онҳо гуфт: «Аз ҷӯи об убур карданд». Ва онҳо ҷустуҷӯ намуда, наёфтанд, ва ба Ерусалим баргаштанд.
21 Ва баъд аз рафтанашон, инҳо аз чоҳ баромаданд, ва рафта, ба подшоҳ Довуд хабар доданд; ва ба Довуд гуфтанд: «Бархоста, ба зудӣ аз об убур намоед, зеро ки Аҳитӯфал дар бораи шумо чунин машварат додааст».
22 Ва Довуд ва тамоми қавме ки бо ӯ буданд, бархоста, аз Урдун убур карданд; то дамидани субҳ як нафар ҳам намонд, ки аз Урдун убур накарда бошад.
23 Ва Аҳитӯфал чун дид, ки машвараташ ба амал оварда нашуд, хари худро зин кард, ва бархоста, ба шаҳри худ ба хонааш рафт, ва барои аҳли байти худ васият намуда, худро буғӣ кард, ва мурд, ва ӯро дар мақбараи падараш дафн карданд.
24 Ва Довуд ба Маҳаноим омад; ва Абшолӯм аз Урдун убур намуд, ва тамоми мардуми Исроил бо ӯ буданд.
25 Ва Абшолӯм Амосоро ба ҷои Юоб сарлашкар таъин кард; ва Амосо писари шахсе буд, ки Йитрои исроилӣ ном дошт, ва назди Абиҷал бинти Ноҳош, хоҳари Саруё, модари Юоб дохил шуда буд.
26 Ва Исроил ва Абшолӯм дар замини Ҷилъод ӯрду заданд.
27 Ва ҳангоме ки Довуд ба Маҳаноим омад, Шубӣ ибни Ноҳош аз Раббаи банӣ‐Аммӯн, ва Мокир ибни Амиил, аз Лӯдабор, ва Барзилои ҷилъодӣ, аз Руҷлим,
28 Бистарҳо, ва табақҳо, ва зарфҳои сафолин, ва гандум, ва ҷав, ва орд, ва хӯшабирьён, ва лӯбиё ва адаси бирьён,
29 Ва асал, ва маска, ва гӯшти гӯсфанд, ва панири гов барои хӯроки Довуд ва қавме ки бо ӯ буданд, оварданд, зеро ки гуфтанд: «Қавм дар биёбон гурусна ва хаста ва ташна мебошанд».
18БОБИ ҲАЖДАҲУМ
Ҳарбу зарб назди кӯхи Эфроим.
1 Ва Довуд қавмеро, ки бо ӯ буданд, аз назар гузаронид, ва бар онҳо мириҳазорхо ва мирисадҳоро таъин намуд.
2 Ва Довуд қавмро равона кард: сеякашонро бо сардории Юоб, ва сеякашонро бо сардории Абишой ибни Саруё, бародари Юоб, ва сеякашонро бо сардории Иттои ҷаттӣ; ва подшоҳ ба қавм гуфт: «Ман низ бо шумо берун хоҳам омад».
3 Валекин қавм гуфтанд: «Берун наой, зеро ки агар мо рӯ ба гурез оварем, ба ин аҳамият нахоҳанд дод; ва ҳатто агар нисфи мо бимирем, ба ин аҳамият нахоҳанд дод, зеро ки ту мисли даҳ ҳазори мо ҳастӣ: ва алҳол беҳтар аст, ки ба мо аз шаҳр ёварӣ намоӣ».
4 Ва подшоҳ ба онҳо гуфт: «Он чи ба назари шумо писанд ояд, хоҳам кард». Ва подшоҳ назди дарвоза истод, ва тамоми қавм дар шакли фавҷҳои саднафарӣ ва ҳазорнафарӣ берун рафтанд.
5 Ва подшоҳ ба Юоб ва Абишой ва Иттой амр фармуда, гуфт: «Ба хотири ман бо Абшолӯми ҷавон эҳтиёт бошед». Ва ҳангоме ки подшоҳ ба ҳамаи сардорон дар бораи Абшолӯм фармон дод, тамоми қавм шуниданд.
6 Ва қавм ба пешвози исроилиён ба саҳро баромаданд, ва дар ҷангали Эфроим ҳарбу зарб ба амал омад.
7 Ва дар он ҷо қавми Исроил аз дасти навкарони Довуд шикаст хӯрданд, ва дар он рӯз мағлубияти азиме дар он ҷо рӯй дода, бист ҳазор нафар талаф гардиданд.
8 Ва ҷанг дар он ҷо бар рӯи тамоми замин паҳн шуд; ва дар он рӯз қавм аз ҷангал бештар талаф гардиданд, назар ба он ки аз шамшер талаф гардиданд.
Мамоти Абшолӯм.
9 Ва Абшолӯм тасодуфан ба навкарони Довуд дучор омад; ва Абшолӯм бар хачире савор буд, ва хачир ба таги шохаҳои печ дар печи булути бузурге даромад, ва сари ӯ дар шохаҳои булут андармон шуд, ва ӯ дар миёни осмон ва замин муаллақ монд, ва хачире ки дар тагаш буд, гузашта рафт.
10 Ва шахсе инро дид ва ба Юоб хабар дода, гуфт: «Инак, Абшолӯмро дидам, ки дар шохаҳои булут овезон аст».
11 Ва Юоб ба шахсе ки ба ӯ хабар дода буд, гуфт: «Инак, ту дидаӣ, пас чаро ӯро дар он ҷо зада ба замин нағалтонидаӣ? Ва ман ба ту даҳ сиқл нуқра ва камарбанде медодам».
12 Ва он шахс ба Юоб ҷавоб гардонида, гуфт: «Агар ба дастам ҳатто ҳазор сиқл нуқра медоданд, ман дасти худро бар писари подшоҳ дароз намекардам, зеро ки ба ту ва Абишой ва Иттой ба самъи мо амр фармуда, гуфт: „Ба хотири ман ҳар яке аз шумо бо Абшолӯми ҷавон эҳтиёт бошед“.
13 Ҳатто агар ман ба ҷони худ ҷабр карда, дурӯғ мегуфтам, ҳеҷ чиз, охир, аз подшоҳ пинҳон намемонад, ва худи ту бар зидди ман қиём менамудӣ».
14 Ва Юоб гуфт: «Раво нест, ки пеши ту даранг намоям». Ва ӯ се тир ба дасташ гирифта, онҳоро ба дили Абшолӯм халонид, дар сурате ки вай ҳанӯз дар миёни шохаҳои булут зинда буд.
15 Ва даҳ навкар, ки силоҳбардорони Юоб буданд, даври Абшолӯмро гирифтанд ва ӯро зада куштанд.
16 Ва Юоб шох навохт, ва қавм аз таъқиб кардани Исроил баргаштанд, зеро ки Юоб қавмро манъ намуд.
17 Ва Абшолӯмро гирифтанд, ва ӯро дар чуқурии калоне ки дар ҷангал буд, андохтанд, ва бар ӯ сангтӯдаи бағоят бузурге барпо карданд, ва тамоми Исроил, ҳар яке ба хаймаи худ, пароканда шуданд.
18 Ва Абшолӯм, вақте ки дар қайди ҳаёт буд, барои худ сутуне барпо кард, ки он дар водии подшоҳ аст; зеро ки гуфт: «Писаре надорам, ки номи ман ба воситаи вай зикр карда шавад»; ва он сутунро ба номи худ хонд, ва он то имрӯз сутуни Абшолӯм номида мешавад.
Мамоти писараш сабаби мотами азими Довуд мегардад.
19 Ва Аҳимаас ибни Содӯқ гуфт: «Изн бидеҳ, ки биравам ва мужда ба подшоҳ бирасонам, ки Худованд доварӣ намуда, ӯро аз дасти душманонаш халосӣ додааст».
20 Вале Юоб ба вай гуфт: «Ту имрӯз муждавар нестӣ, балки рӯзи дигаре мужда хоҳӣ расонид, вале имрӯз мужда нахоҳӣ расонид, чунки писари подшоҳ мурдааст».
21 Ва Юоб ба Кушӣ гуфт: «Бирав ва аз он чи дидаӣ, ба подшоҳ хабар бирасон». Ва Кушӣ ба Юоб саҷда намуда, давид.
22 Ва Аҳимаас ибни Содӯқ боз ба Юоб муроҷиат намуда, гуфт: «Ҳар чи бодо бод; изн бидеҳ, ки ман низ аз ақиби Кушӣ бидавам». Вале Юоб гуфт: «Ҷаро ту мехоҳӣ бидавӣ, эй писарам? Ин мужда, охир, ба ту мукофоте нахоҳад овард».
23 Вай гуфт: «Ҳар чи бодо бод; ман мехоҳам биравам». Ва ӯ ба вай гуфт: «Пас, бидав». Ва Аҳимаас бо роҳи водӣ давида, аз Кушӣ пеш гузашт.
24 Ва Довуд дар миёни ду дарвоза нишаста буд. Ва дидбон аз боми дарвоза ба болои ҳисор баромад, ва чашмони худро баланд карда, дид, ки инак, шахсе танҳо медавад.
25 Ва дидбон фарьёд зада, ба подшоҳ хабар дод. Ва подшоҳ гуфт: «Агар танҳо бошад, муждае дар забони ӯст». Ва он шахс торафт наздик меомад.
26 Ва дидбон шахси дигарро дид, ки медавад, ва дидбон ба дарвозабон фарьёд зада, гуфт: «Инак, боз шахсе танҳо медавад». Ва подшоҳ гуфт: «Ин низ муждавар аст».
27 Ва дидбон гуфт: «Ман давидани шахси аввалинро мебинам, ки мисли давидани Аҳимаас ибни Содӯқ аст». Ва подшоҳ гуфт: «Ин шахси хуб аст, ва муждаи хуб меоварад».
28 Ва Аҳимаас нидо карда, ба подшоҳ гуфт: «Саломатист!» Ва пеши подшоҳ бар рӯи худ то замин саҷда бурда, гуфт: «Муборак аст Худованд Худои ту, ки мардумеро, ки ба оғоям подшоҳ дасти таҷовуз дароз карда буданд, таслим намуд!».
29 Ва подшоҳ гуфт: «Оё Абшолӯми ҷавон саломат аст?» Ва Аҳимаас гуфт: «Вақте ки Юоб, бандаи подшоҳ, бандаи туро фиристод, издиҳоми бузурге дидам, вале надонистам, ки чӣ буд».
30 Ва подшоҳ гуфт: «Бигард ва ин ҷо биист». Вай гашта онсӯтар рафт ва истод.
31 Ва инак, Кушӣ омад. Ва Кушӣ гуфт: «Оғоям подшоҳ ин муждаро қабул фармояд, ки Худованд имрӯз доварӣ намуда, туро аз дасти ҳамаи онҳое ки бар зидди ту қиём карда буданд, раҳоӣ додааст».
32 Ва подшоҳ ба Кушӣ гуфт: «Оё Абшолӯми ҷавон саломат аст?» Ва Кушӣ гуфт: «Душманони оғоям подшоҳ ва ҳамаи онҳое ки бар ту барои бадӣ қиём мекунанд, мисли он ҷавон бишаванд!»
33 Ва подшоҳ ба изтироб омад ва ба ҳуҷраи болои дарвоза баромада, гирья кард; ва ҳангоми қадам заданаш чунин мегуфт: «Вой писарам Абшолӯм! Вой писарам, писарам Абшолӯм! Кошки ман ба ҷои ту мемурдам, вой Абшолӯм писарам, писарам!»
19БОБИ НУЗДАХУМ
Юоб Довудро мазаммат менамояд.
1 Ва ба Юоб хабар доданд: «Инак, подшоҳ барои Абшолӯм гирья мекунад, ва мотам гирифтааст».
2 Ва дар он рӯз шодии ғалаба барои тамоми қавм ба мотам табдил ёфт, зеро қавм дар он рӯз шуниданд, ки подшоҳ барои писараш андӯҳгин аст.
3 Ва дар он рӯз қавм дуздвор ба шаҳр дохил мешуданд, монанди касоне ки аз майдони ҷанг гурехта, аз рӯи шарм дуздвор меоянд.
4 Ва подшоҳ рӯи худро пӯшонида буд, ва подшоҳ бо овози баланд фарьёд мезад: «Вой писарам Абшолӯм! Вой Абшолӯм писарам, писарам!»
5 Ва Юоб назди подшоҳ ба хона даромада, гуфт: «Имрӯз ту рӯи ҳамаи навкарони худро хиҷил кардӣ, ки онҳо ҷони туро, ва ҷони писарон ва духтаронатро, ва ҷони занонатро, ва ҷони сурриягонатро имрӯз халосӣ доданд;
6 Чунки ту бадхоҳонатро дӯст медорӣ ва аз дӯстонат нафрат дорӣ, зеро имрӯз нишон додӣ, ки сарварон ва навкарон дар назари ту ҳеҷанд, ва имрӯз ман донистам, ки агар Абшолӯм зинда мемонд, ва ҳамаи мо имрӯз мемурдем, ин ба назари ту писанд меомад.
7 Ва алҳол бархоста, берун ой ва ба навкаронат суханони дилнавоз бигӯй, зеро ба Худованд қасам мехӯрам, ки агар берун наоӣ, имшаб назди ту як нафар ҳам нахоҳанд монд, ва ин барои ту аз ҳамаи фалокатҳое ки аз наврасиат то ҳоло ба сари ту омадааст, бадтар хоҳад буд».
8 Ва подшоҳ бархоста, назди дарвоза нишаст, ва ба тамоми қавм хабар дода, гуфтанд: «Инак, подшоҳ назди дарвоза нишастааст». Ва тамоми қавм ба ҳузури подшоҳ омаданд, вале исроилиён ҳар яке ба хаймаи худ гурехта рафта буданд.
Довуд ба Ерусалим бармегардад.
9 Ва тамоми қавм дар ҳамаи сибтҳои Исроил баҳсу мунозира карда, мегуфтанд: «Подшоҳ моро аз дасти душманони мо халос кардааст, ва ӯ моро аз дасти фалиштиён наҷот додааст, ва алҳол аз ин замин аз боиси Абшолӯм гурехтааст.
10 Ва Абшолӯм, ки ӯро мо бар худ тадҳин намуда будем, дар ҷанг мурдааст; ва алҳол чаро шумо дар бобати баргардонидани подшоҳ хомӯш мемонед?»
11 Ва подшоҳ назди коҳинон Содӯқ ва Абьётор фиристода, гуфт: «Ба пирони Яҳудо сухан ронда, бигӯед: „Чаро шумо дар бобати баргардонидани подшоҳ ба хонааш мехоҳед охирин бошед, дар сурате ки сухани тамоми Исроил назди подшоҳ ба хонааш расидааст?
12 Шумо бародарони ман ҳастед, устухони ман ва гӯшти ман ҳастед, пас чаро дар бобати баргардонидани подшоҳ мехоҳед охирин бошед?“
13 Ва ба Амосо бигӯед: „Ту, охир, устухон ва гӯшти ман ҳастӣ. Бигзор Худо ба ман чунин ва зиёда аз ин бикунад, агар ту ба ҳузури ман дар тамоми айём ба ҷои Юоб сарлашкар нагардӣ!“»
14 Ва ӯ дили тамоми мардуми Яҳудоро, мисли як тан, ба худ моил гардонид, ва онҳо назди подшоҳ фиристоданд: «Ту ва ҳамаи навкаронат баргардед».
15 Ва подшоҳ баргашта, ба Урдун расид; ва мардуми Яҳудо ба Ҷилҷол омаданд, то ки подшоҳро пешвоз гиранд ва подшоҳро аз Урдун гузаронанд.
16 Ва Шимъӣ ибни Ҷерои биньёминӣ, ки аз Баҳурим буд, шитофта, бо мардуми Яҳудо ба пешвози подшоҳ Довуд фурӯд омад.
17 Ва ҳазор нафар аз биньёминиён, ва Сибо, навкари хонадони Шоул, бо понздаҳ писараш ва бист навкараш ҳамроҳи ӯ буданд; ва онҳо аз Урдун пеши подшоҳ убур карданд.
18 Ва чун аз маъбари Урдун убур намуданд, то ки хонадони подшоҳро гузаронанд ва ҳар чизи дар назари ӯ мақбулро ба амал оваранд, Шимъӣ ибни Ҷеро ба ҳузури подшоҳ, пеш аз он ки ӯ аз Урдун убур кунад, афтод,
19 Ва ба подшоҳ гуфт: «Оғоям маро айбдор нашуморад, ва гуноҳеро, ки бандаат дар рӯзе ки оғоям подшоҳ аз Ерусалим берун меомад, содир кардааст, ба ёд наоварад, ва подшоҳ онро ба дили худ нагирад,
20 Зеро ки ман, бандаат, медонам, ки хато кардаам, ва инак, имрӯз аз тамоми хонадони Юсуф аввалин шуда омадаам, то ки ба пешвози оғоям подшоҳ бароям».
21 Ва Абишой ибни Саруё ҷавоб дода, гуфт: «Оё Шимъӣ аз барои ин кушта нашавад? Вай, охир, масеҳи Худовандро дашном додааст».
22 Вале Довуд гуфт: «Маро бо шумо, эй писарони Саруё, чӣ кор аст, ки имрӯз монеае барои ман мешавед? Оё равост, ки касе имрӯз дар Исроил кушта шавад? Ба ман, охир, имрӯз маълум шудааст, ки ман бар Исроил подшоҳ ҳастам».
23 Ва подшоҳ ба Шимъӣ гуфт: «Ту нахоҳӣ мурд». Ва подшоҳ ба ӯ қасам хӯрд.
24 Ва Мефибӯшет ибни Шоул ба пешвози подшоҳ баромад. Ва ӯ аз рӯзе ки подшоҳ рафт, то рӯзе ки ба саломатӣ баргашт, на пойҳояшро шуста буд, на мӯйлабашро қайчӣ зада буд, ва на либосҳояшро ҷомашӯӣ карда буд.
25 Ва ҳангоме ки ӯ аз Ерусалим ба пешвози подшоҳ омад, подшоҳ ба ӯ гуфт: «Чаро ту, эй Мефибӯшет, бо ман нарафтӣ?»
26 Ва ӯ гуфт: «Эй оғоям подшоҳ! Навкарам маро фиреб дод; зеро ки ман, бандаи ту, ба дили худ гуфтам: „Хари худро зин карда ва бар он савор шуда, бо подшоҳ биравам“; зеро ки бандаат ланг аст.
27 Вале вай дар ҳаққи бандаат назди оғоям подшоҳ бӯҳтон гуфтааст. Валекин оғоям подшоҳ мисли фариштаи Худост, ва ҳар чи дар назарат писанд ояд, ба амал овар.
28 Агарчи тамоми хонадони падарам ба ҳузури оғоям подшоҳ сазовори мамот буданд, вале ту бандаатро дар миёни хӯрандагони суфраи худ шинондӣ; пас, ман боз чӣ ҳақ дорам, ки назди подшоҳ шиква намоям?»
29 Ва подшоҳ ба ӯ гуфт: «Чаро боз ин суханатро мегӯӣ? Ман мегӯям: ту ва Сибо киштзорро тақсим кунед».
30 Ва Мефибӯшет ба подшоҳ гуфт: «Бигзор вай ҳамаашро гирад, модом ки оғоям подшоҳ ба саломатӣ ба хонаи худ баргаштааст».
31 Ва Барзилои ҷилъодӣ аз Рӯҷлим фурӯд омада, бо подшоҳ аз Урдун гузашт, то ки ӯро ба он тарафи Урдун гусел намояд.
32 Ва Барзилой марди бағоят пир буд: ба синни ҳаштодсолагӣ расида буд, ва ӯ подшоҳро, ҳангоме ки дар Маҳаноим меистод, дар таъминоти худ нигоҳ дошт, зеро ки ӯ шахси бағоят сарватдор буд.
33 Ва подшоҳ ба Барзилой гуфт: «Ту бо ман биё, ва ман туро дар Ерусалим дар таъминоти худ нигоҳ хоҳам дошт».
34 Ва Барзилой ба подшоҳ гуфт: «Айёми солҳои ҳаёти ман чӣ қадар аст, ки бо подшоҳ ба Ерусалим биравам?
35 Ман алҳол ҳаштодсола ҳастам. Оё ман метавонам некро аз бад фарқ кунам? Оё бандаат таъми он чиро, ки мехӯрам ва менӯшам, метавонад ҳис намояд? Оё боз овози муғанниён ва муғанниягонро метавонам бишнавам? Пас, чаро бандаат боз ба оғоям подшоҳ гаронӣ кунад?
36 Боз андаке бандаат бо подшоҳ аз Урдун убур хоҳад кард; ва чаро подшоҳ ба ман чунин подош диҳад?
37 Ба бандаи худ изн бидеҳ, ки баргардад, то ки дар шаҳри худ назди мақбараи падару модари худ бимирам. Ва инак, бандаат Кимҳом бо оғоям подшоҳ биравад, ва ҳар чи дар назарат писанд ояд, бо вай ба амал овар».
38 Ва подшоҳ гуфт: «Бигзор Кимҳом бо ман ояд, ва он чи дар назари ту писанд бошад, ман барои вай ба амал хоҳам овард, ва ҳар чи аз ман талаб намоӣ, барои ту ба ҷо хоҳам овард».
39 Ва тамоми қавм аз Урдун убур карданд. Ва подшоҳ убур намуд. Ва подшоҳ Барзилойро бӯсид, ва ӯро баракат дод, ва ӯ ба макони худ баргашт.
40 Ва подшоҳ ба Ҷилҷол равона шуд, ва Кимҳом бо ӯ рафт. Ва тамоми қавми Яҳудо подшоҳро гуселониданд, ва нисфи қавми Исроил низ.
41 Ва инак, тамоми мардуми Исроил назди подшоҳ омаданд, ва ба подшоҳ гуфтанд: «Аз чӣ сабаб бародарони мо, мардуми Яҳудо, туро дуздиданд, ва подшоҳ ва хонадонашро аз Урдун гузарониданд, дар сурате ки ҳамаи одамони Довуд бо ӯ буданд?»
42 Ва тамоми мардуми Яҳудо ба мардуми Исроил ҷавоб гардониданд: «Аз он сабаб, ки подшоҳ хешованди мост. Пас, чаро ин шуморо ба хашм овардааст? Оё мо чизе аз суфраи подшоҳ хӯрдаем? Оё инъоме аз ӯ ба мо расидааст?»
43 Ва мардуми Исроил ба мардуми Яҳудо ҷавоб гардонида, гуфтанд: «Моро дар подшоҳ даҳ ҳисса ҳаст, дар Довуд низ ҳиссаи мо назар ба шумо бештар аст. Пас, чаро моро хор доштед? Ва оё мо дар бораи баргардонидани подшоҳи худ аввалин шуда сухан нарондем?» Валекин сухани мардуми Яҳудо аз сухани мардуми Исроил сахттар буд.
20БОБИ БИСТУМ
Шӯриши Шобаъ.
1 Аз қазо дар он ҷо марди нобакоре буд, ки биньёминӣ буда, Шобаъ ибни Бикрӣ ном дошт; ва ӯ шох навохта, гуфт:
«Моро дар Довуд ҳиссае нест
ва дар писари Йисой моро насибе нест;
ҳар яке ба хаймаи худ биравед, эй Исроил!»
2 Ва тамоми мардуми Исроил аз Довуд чудо шуда, аз паи Шобаъ ибни Бикрӣ рафтанд, вале мардуми Яҳудо подшоҳи худро аз Урдун то Ерусалим ҳамроҳӣ карданд.
3 Ва Довуд ба хонаи худ ба Ерусалим омад; ва подшоҳ даҳ зани суррияро, ки барои нигаҳбонии хона монда буд, гирифт, ва онҳоро дар бандихона ҷой дод, ва онҳоро дар таъминоти худ нигоҳ медошт, вале назди онҳо дохил намешуд; ва онҳо то вақти мамоташон, дар ҳолати зиндабевагӣ, бандӣ буданд.
Юоб Амосоро мекушад.
4 Ва подшоҳ ба Амосо гуфт: «Мардуми Яҳудоро дар зарфи се рӯз назди ман даъват намо, ва худат дар ин ҷо ҳозир шав».
5 Ва Амосо рафт, то ки аҳли Яҳудоро даъват намояд, вале аз мӯҳлате ки барояш муқаррар карда шуда буд, даранг кард.
6 Ва Довуд ба Абишой гуфт: «Алҳол Шобаъ ибни Бикрӣ ба мо бештар аз Абшолӯм осеб хоҳад расонид; ту навкарони оғоятро гирифта, варо таъқиб намо, мабодо вай барои худ шаҳрҳои ҳисордоре пайдо карда, аз пеши назари мо пинҳон шавад».
7 Ва одамони Юоб, ва каритиён ва фалитиён, ва ҳамаи паҳлавонон аз паи ӯ берун рафтанд; ва онҳо аз Ерусалим берун рафтанд, то ки Шобаъ ибни Бикриро таъқиб намоянд.
8 Вақте ки онҳо ба санги бузурге ки дар Ҷибъӯн аст, расиданд, Амосо аз пешашон баромад. Ва Юоб либоси ҳарбӣ дар бар дошт, ва бар он тасмаи шамшери ғилофдор бар камараш баста шуда буд, ва ҳангоме ки ӯ берун омад, шамшер аз ғилоф афтод.
9 Ва Юоб ба Амосо гуфт: «Оё ту саломат ҳастӣ, бародарам?» Ва Юоб бо дасти росташ риши Амосоро гирифт, то ки ӯро бӯса кунад.
10 Ва Амосо аз шамшере ки дар дасти Юоб буд, эҳтиёт нашуд, ва онро вай ба шиками ӯ зад, ва амъояш бар замин рехт, ва ӯро дубора назад, ва ӯ мурд. Ва Юоб ва бародараш Абишой Шобаъ ибни Бикриро таъқиб карданд.
11 Ва яке аз навкарони Юоб назди мурда истода, мегуфт: «Ҳар кӣ Юобро хоҳон аст, ва ҳар кӣ ба Довуд содиқ аст, аз паи Юоб биравад!»
12 Ва Амосо дар миёни роҳ ба хун ҷӯлида ҷон меканд; ва он навкар дид, ки тамоми қавм меистанд, бинобар ин Амосоро аз миёни роҳ ба тарафи саҳро кашида бурд, ва либосе бар ӯ партофт, зеро дид, ки ҳар кӣ аз пеши ӯ гузарад, меистад.
Фурӯнишонии шӯриши Шобаъ.
13 Аммо вақте ки ӯ аз миёни роҳ дур карда шуд, ҳама аз паи Юоб рафтанд, то ки Шобаъ ибни Бикриро таъқиб намоянд.
14 Ва ӯ аз ҳамаи сибтҳои Исроил то Обили Байт‐Маако ва ҳамаи бериён гузашта буд, ва инҳо низ аз паи ӯ мерафтанд.
15 Вале онҳо омада, ӯро дар Обили Байт‐Маако муҳосира карданд, ва хоктӯдае пеши шаҳр барпо намуданд, ки он то ба сари ҳисор расид, ва тамоми қавме ки бо Юоб буданд, ҳисорро вайрон мекарданд, то ки онро афтонанд.
16 Ва зани оқилае аз шаҳр фарьёд кашид: «Бишнавед, бишнавед! Лутфан, ба Юоб бигӯед: „Ба ин ҷо наздик ой, то ки ман бо ту сухан гӯям“».
17 Ва ӯ назди вай омад, ва зан гуфт: «Оё ту Юоб ҳастӣ?» Ва ӯ гуфт: «Ман ҳастам». Ва ба ӯ гуфт: «Суханони канизатро бишнав». Ва ӯ гуфт: «Ман мешунавам».
18 Вай сухан ронда, гуфт: «Пештар чунин мегуфтанд: „Дар Обил мебояд машварат пурсид“, ва ҳар масъаларо ба ҳамин тариқ ҳал мекарданд.
19 Ман сулҳҷӯ ва амини Исроил ҳастам; ту мехоҳӣ шаҳреро, ки модари шаҳрҳост, дар Исроил хароб кунӣ; барои чӣ туро лозим аст, ки мулки Худовандро маҳв намоӣ?»
20 Ва Юоб ҷавоб гардонида, гуфт: «Ҳошо ва калло, ки ман хароб кунам ё маҳв намоям!
21 Асли масъала чунин нест, балки шахсе аз кӯҳи Эфроим, ки Шобаъ ибни Бикрӣ ном дорад, ба подшоҳ Довуд дасти тааддӣ дароз кардааст; ӯро танҳо бисупоред, ва ман аз шаҳр ақиб хоҳам гашт». Ва зан ба Юоб гуфт: «Инак, сари ӯ аз болои ҳисор назди ту партофта хоҳад шуд».
22 Ва зан бо нутқи оқилонаи худ назди тамоми қавм омад, ва онҳо сари Шобаъ ибни бикриро аз тан ҷудо карда, назди Юоб партофтанд. Ва ӯ шох навохт, ва ҳама аз пеши шаҳр, ҳар яке сӯи хаймаи худ, паҳн шуда рафтанд. Ва Юоб ба Ерусалим назди подшоҳ баргашт.
23 Ва Юоб сардори тамоми лашкари Исроил буд; ва Баноё ибни Ехӯёдоъ — сардори каритиён ва фалитиён;
24 Ва Адӯром — сардори боҷу хироҷ; ва Еҳӯшофот ибни Аҳилуд — вақоеънавис;
25 Ва Шево — котиб; ва Содӯқ ва Абьётор — коҳинон.
26 Ва Ирои ёирӣ низ назди Довуд коҳин буд.
21БОБИ БИСТУ ЯКУМ
Қаҳтӣ се сол давом мекунад.
1 Ва дар айёми Довуд се сол, сол аз паи сол, қаҳтӣ шуд, ва Довуд аз Худованд пурсид, ва Худованд гуфт: «Ин аз боиси Шоул ва хонадони хунрезӣ ӯст, аз боиси он аст, ки ӯ ҷибъӯниёнро куштааст».
2 Ва подшоҳ ҷибъӯниёнро даъват намуда, бо онҳо сухан ронд. Валекин ҷибъӯниён аз банӣ‐Исроил не, балки аз бақияи амӯриён буданд, ва банӣ‐Исроил ба онҳо қасам хӯрда буданд, аммо Шоул аз рашке ки барои банӣ‐Исроил ва Яҳудо дошт, мехост онҳоро несту нобуд кунад.
3 Ва Довуд ба ҷибъӯниён гуфт: «Барои шумо чӣ кор кунам, ва бо чӣ гуна тадбир кафорат намоям, то ки шумо мулки Худовандро баракат диҳед?»
4 Ва ҷибъӯниён ба ӯ гуфтанд: «Аз Шоул ва хонадонаш нуқра ва тилло талаб надорем, ва моро лозим нест, ки касе дар Исроил кушта шавад». Ва ӯ гуфт: «Ҳар чӣ шумо бигӯед, бароятон хоҳам кард».
5 Ва онҳо ба подшоҳ гуфтанд: «Он касе ки моро несту нобуд мекард, ва дар ҳаққи мо ният дошт, ки моро маҳв намояд, то ки дар тамоми ҳудуди Исроил касе аз мо боқӣ намонад, —
6 Бигзор ҳафт нафар аз фарзандони вай ба мо супурда шаванд, ва мо онҳоро барои Худованд дар Ҷибъои Шоул, ки гузини Худованд буд, ба дор хоҳем кашид». Ва подшоҳ гуфт: «Ман онҳоро хоҳам супурд».
7 Вале подшоҳ ба Мефибӯшет ибни Йӯнотон ибни Шоул раҳм кард, ба хотири қасами Худованд, ки дар миёни онҳо, яъне дар миёни Довуд ва Йӯнотон ибни Шоул буд.
8 Ва подшоҳ Армӯнӣ ва Мефибӯшет — ду писари Рисфо бинти Айёро, ки барои Шоул зоида буд, ва панҷ писари Мераб бинти Шоулро, ки барои Адриил ибни Барзилои маҳулотӣ зоида буд, гирифт,
9 Ва онҳоро ба дасти ҷибъӯниён супурд, ва онҳоро бар кӯҳ ба ҳузури Худованд ба дор кашиданд, ва ин ҳафт нафар якҷоя афтоданд; ва онҳо дар рӯзҳои аввали дарав, дар ибтидои дарави ҷав кушта шуданд.
10 Ва Рисфо бинти Айё палосе гирифта, онро аз ибтидои дарав барои худ бар сахра густаронид, ва то вақте ки об бар онҳо аз осмон рехт, нагузошт, ки мурғони ҳаво рӯзона ва ҳайвоноти саҳро шабона бар онҳо фурӯд оянд.
11 Ва ба Довуд аз он чи Рисфо бинти Айё, суррияи Шоул, карда буд, хабар доданд.
12 Ва Довуд рафта, устухонҳои Шоул, ва устухонҳои писари ӯ Йӯнотонро аз сокинони Ёбиш‐Ҷилъод гирифт: онҳо он устухонҳоро аз майдони Байт‐Шон дуздида буданд, ки дар он ҷо фалиштиён онҳоро ба дор кашида буданд, дар рӯзе ки фалиштиён Шоулро дар Ҷилбӯа кушта буданд.
13 Ва ӯ аз он ҷо устухонҳои Шоул ва устухонҳои писари ӯ Йӯнотонро овард, ва устухонҳои онҳоеро, ки ба дор кашида шуда буданд, ҷамъ карданд,
14 Ва устухонҳои Шоул ва писари ӯ Йӯнотонро дар замини Биньёмин, дар Селоъ, дар мақбараи падараш Қиш дафн карданд, ва ҳар чиро, ки подшоҳ амр фармуда буд, ба ҷо оварданд; ва баъд аз он Худо бар замин марҳамат намуд.
Ҷанг бо фалиштиён.
15 Ва боз фалиштиён бо Исроил ҷанг карданд; ва Довуд бо навкаронаш фурӯд омада, бо фалиштиён ҷангиданд, ва Довуд монда шуд.
16 Ва Йишбии нубӣ, ки аз авлоди Рофо буд, ва вазни найзааш сесад сиқл мис буд, ва шамшери наве бар камар дошт, хост, ки Довудро бикушад.
17 Вале Абишой ибни Саруё ба ӯ ёварӣ намуд, ва фалиштиро зада, кушт. Он гоҳ одамони Довуд қасам хӯрда, ба ӯ гуфтанд: «Дигар бо мо ба ҷанг нахоҳӣ баромад, то ки чароғи Исроилро хомӯш накунӣ».
18 Ва баъд аз он боз ҷанге бо фалиштиён дар Ҷуб рӯй дод; он вақт Сибкои ҳушотӣ Сафро, ки аз авлоди Рофо буд, кушт.
19 Ва боз ҷанге бо фалиштиён дар Ҷуб рӯй дод; ва Элҳонон ибни Яъре‐Урҷими байтлаҳмӣ Ҷольёти ҷаттиро кушт, ки дастаи найзааш мисли наварди нассоҷон буд.
20 Ва боз ҷанге дар Ҷат рӯй дод; ва марди бузургҷуссае буд, ки дасту пойҳояш ҳар яке шаш ангушт дошт, — ҷамъ бисту чорто; вай низ аз авлоди Рофо буд.
21 Ва ҳангоме ки вай Исроилро дашном медод, Йӯнотон ибни Шимъо, бародари Довуд, варо кушт.
22 Ин чор нафар барои Рофо дар Ҷат зоида шуда буданд, ва аз дасти Довуд ва навкаронаш фурӯ ғалтиданд.
22БОБИ БИСТУ ДУЮМ
Мадҳияи Довуд ба муносибати раҳо шуданаш аз душманон.
1 Ва Довуд, дар рӯзе ки Худованд ӯро аз дасти ҳамаи душманонаш ва аз дасти Шоул раҳо кард, суханони ин сурудро барои Худованд ба забон ронд,
2 Ва гуфт:
«Худованд сахраи ман ва қалъаи ман ва раҳокунандаи ман аст.
3 Худо кӯҳпораи ман аст, ки ба вай паноҳ мебарам;
сипари ман ва шохи наҷоти ман аст, паноҳгоҳ ва гурезгоҳи ман аст.
Эй наҷотдиҳандаи ман, Ту маро аз зулм халосӣ медиҳӣ.
4 Худованди мамдӯҳро мехонам,
ва аз душманонам халосӣ меёбам.
5 Вақте ки мавҷҳои мамот маро фаро гирифт,
селҳои ҳалокат маро ба ҳарос андохт,
6 Азиятҳои гӯр маро иҳота намуд,
ва домҳои мамот аз пешам баромад, —
7 Дар тангии худ Худовандро хондам,
ва Худои худро даъват намудам,
ва Ӯ аз қасри Худ овози маро шунид,
ва истиғосаи ман ба гӯшаш расид.
8 Ва замин ба ҳаяҷон ва ларза омад,
асосҳои осмон ларзида,
ба ҷунбиш омад, зеро ки Ӯ дарғазаб шуд.
9 Дуд аз димоғи Ӯ баромад,
ва оташи оламсӯз аз даҳони Ӯ;
ахгарҳо аз Ӯ афрӯхта мешуд.
10 Ва Ӯ осмонро хам карда, фурӯд омад,
ва меғ зери пойҳояш буд.
11 Ва бар каррубӣ савор шуда, парвоз намуд,
ва бар болҳои бод намоён шуд.
12 Ва гирдогирди Худ зулмотро мисли чодире густаронид,
ва маҷмӯи обҳои абрҳои осмонро.
13 Аз дурахше ки аз ҳузури Ӯ берун меомад,
ахгарҳои оташ афрӯхта мешуд.
14 Худованд аз осмон гулдуррос зад,
ва Ҳаққи Таоло овози Худро баровард.
15 Ва тирҳо фиристода, онҳоро пароканда кард,
ва барқ афканда, онҳоро ошуфта сохт.
16 Ва маҷроҳои об намоён гардид,
ва асосҳои коинот ошкор шуд, — аз итоби Худованд,
аз вазиши боди ғазаби Ӯ.
17 Аз афроз фиристода, маро гирифт,
аз обҳои бисьёр маро кашида баровард.
18 Маро аз душмани зӯроварам халосӣ дод,
ва аз бадхоҳонам, ки аз ман қавитар буданд.
19 Онҳо дар рӯзи мусибатам аз пешам баромаданд,
вале Худованд такьягоҳи ман буд,
20 Ва маро ба фарохӣ баровард, маро халосӣ дод,
зеро ки Ӯ маро дӯст медорад.
21 Худованд ба ман мувофиқи адолатам подош медиҳад,
мувофиқи покии дастҳоям маро мукофот менамояд,
22 Зеро ки ман тариқҳои Худовандро риоя кардаам,
ва аз Худои худ шарирона нагаштаам;
23 Чунки тамоми аҳкоми Ӯ пеши назари ман аст,
ва аз фароизи Ӯ ман дур нашудаам.
24 Ман ба ҳузури Ӯ беайб будам,
ва аз маъсиятҳо худдорӣ кардаам.
25 Ва Худованд маро мувофиқи адолатам мукофот намуд,
ва мувофиқи покие ки пеши назари Ӯ доштам.
26 Бо эҳсонкор Ту эҳсонкорӣ мекунӣ,
бо марди росткор росткорӣ менамоӣ.
27 Бо покдил Ту покдилона рафтор мекунӣ,
ва бо каҷкор — мувофиқи каҷкории вай.
28 Ва мардуми шикастанафсро Ту наҷот медиҳӣ,
ва бо нигоҳи чашмони Худ мағруронро залил мегардонӣ.
29 Ба яқин Ту чароғи ман ҳастӣ, эй Худованд!
Ва Худованд зулмоти маро ба рӯшноӣ табдил медиҳад.
30 Ба яқин бо Ту ман бар фавҷе тохт меоварам;
бо Худои худ ман аз ҳисор ҷаста мегузарам.
31 Тариқи Худо рост аст,
каломи Худованд амин аст,
ва Ӯ барои ҳамаи онҳое ки ба Ӯ паноҳ мебаранд, сипар аст.
32 Зеро кист Худо, ғайр аз Худованд,
ва кист кӯҳпора, ғайр аз Худои мо?
33 Худо қалъаи иқтидори ман аст,
ва тариқи маро рост мекунад.
34 Пойҳои маро мисли пои гавазнҳо мегардонад,
ва бар баландиҳоям маро мегузорад.
35 Дастҳои маро ба ҳарбу зарб омӯхта мекунад,
ва камони мисин дар бозуҳоям мешиканад.
36 Ва сипари наҷоти Худро ба ман ато намудӣ,
ва иҷобати Ту маро сарафроз месозад.
37 Қадамҳои маро дар таги ман васеъ кардӣ,
ва пойҳоям налағжид.
38 Ва душманонамро таъқиб менамоям, то ки онҳоро нест кунам,
ва то маҳв нашаванд, барнамегардам.
39 Ва онҳоро нест кардам ва зарба задам, ба тавре ки дигар нахоҳанд бархост;
ва онҳо зери пойҳои ман афтоданд.
40 Ва Ту камари маро барои ҷанг мустаҳкам бастӣ;
онҳоеро, ки ба зидди ман қиём мекунанд, ба зери ман тобеъ хоҳӣ намуд.
41 Ва душманонамро Ту аз пеши ман гурезондӣ,
ва ман адуёнамро несту нобуд кардам.
42 Онҳо мадад металабанд, вале наҷотдиҳандае нест;
ба Худованд рӯй меоваранд, вале Ӯ онҳоро иҷобат наменамояд.
43 Ва ман онҳоро мисли ғубори замин гард‐гард мекунам,
мисли лои кӯчаҳо пахш ва поймол менамоям.
44 Ва Ту маро аз исьёнҳои қавми ман халосӣ додӣ;
Ту маро маҳфуз доштӣ, то ки сардори халқҳо гардам;
қавме ки ман намешинохтам, ба ман бандагӣ мекунанд.
45 Аҷнабиён пеши ман тамаллуқ менамоянд,
фақат овозаи маро шунида, ба ман тобеъ мешаванд.
46 Аҷнабиён пажмурда хоҳанд шуд,
ва аз истеҳкомоти худ бо тарсу бим берун хоҳанд омад.
47 Худованд зинда аст, ва кӯҳпораи ман муборак;
ва Худои кӯҳпораи наҷоти ман сарафроз бод!
48 Эй Худое ки интиқоми маро мегирӣ,
ва қавмҳоро ба ман тобеъ менамоӣ,
49 Ва маро аз душманонам халосӣ медиҳӣ,
ва маро аз онҳое ки бар ман қиём мекунанд, баланд мегардонӣ!
Ту маро аз шахси золим раҳонидаӣ.
50 Бинобар ин ман Туро, эй Худованд, дар миёни халқҳо ҳамд хоҳам гуфт,
ва исми Туро тараннум хоҳам намуд.
51 Ӯ бурҷи наҷот аст барои подшоҳи Худ,
ва Ӯ ба масеҳи Худ марҳамат менамояд,
яъне ба Довуд ва насли вай то абад!»
23БОБИ БИСТУ СЕЮМ
Суханони охирини Довуд.
1 Ва ин аст суханони охирини Довуд —
ваҳйи Довуд ибни Йисой, —
ваҳйи марде ки баланд бардошта шуд,
яъне масеҳи Худои Яъқуб,
ва муғаннии ширинкаломи Исроил:
2 «Рӯҳи Худо дар ман сухан ронд,
ва каломи Ӯ бар забони ман аст.
3 Худои Исроил сухан ронд,
кӯҳпораи Исроил ба ман гуфт:
„Касе ки бар одамон салтанат меронад, бояд одиле бошад,
ки бо худотарсӣ салтанат ронад.
4 Ва ин мисли рӯшноии субҳ аст,
вақте ки офтоб тулӯъ мекунад,
яъне вақте ки субҳ бе абр аст,
ва аз дурахшонии баъд аз борон майса аз замин неш зада мебарояд“.
5 Оё хонаи ман бо Худо чунин нест?
Ӯ, охир, аҳди ҷовидонӣ бо ман бастааст,
ки он аз ҳар ҷиҳат мураттаб ва мустаҳкам аст.
Пас, оё тамоми наҷоти маро,
ва тамоми муроди маро Ӯ ба вуҷуд намеоварад?
6 Вале нобакорон саросар мисли хорҳо мебошанд, ки дур андохта мешаванд,
чунки онҳоро ба даст гирифтан мумкин нест.
7 Ва агар касе бихоҳад ба онҳо даст расонад,
бояд бо оҳан ва чӯбдастаи найза мусаллаҳ шавад;
ва онҳо дар макони худ бо оташ сӯзонида мешаванд».
Ҳамкорони пуршарафи Довуд.
8 Ин аст номҳои паҳлавононе ки Довуд дошт: он ки дар маҷлиси ҳакимон менишаст ва сардори сегона буд, яъне Адинӯ Ҳоэснӣ, ки бар ҳаштсад нафар тохт оварда, ҳамаашонро дар як маърака кушта буд.
9 Ва баъд аз вай Элъозор ибни Дӯдӯ ибни Аҳӯҳӣ, яке аз он се паҳлавоне ки бо Довуд буданд. Вақте ки фалиштиёнро ба воситаи дашномҳо иғво карданд, онҳо барои ҷанг ҷамъ шуданд, вале мардуми Исроил гурехта рафтанд,
10 Он гоҳ ӯ бархоста, ба фалиштиён шикаст расонид, ба тавре ки дасташ хаста шуд ва дасташ ба шамшер часпид; ва Худованд дар он рӯз ғалабаи бузурге ба амал овард, ва қавм аз паи ӯ фақат барои яғмо кардан баргаштанд.
11 Ва баъд аз ӯ Шаммо ибни Оҷии ҳарорӣ. Вақте ки фалиштиён дар ӯрдугоҳ ҷамъ омаданд, дар ҷое ки қитъаи саҳро пур аз адас буд, вале қавм аз пеши фалиштиён гурехта рафтанд,
12 Он гоҳ ӯ дар миёни он қитъа истода, онро ҳимоят намуд, ва ба фалиштиён шикаст расонид; ва Худованд ғалабаи бузурге ба амал овард.
13 Ва се нафар аз он сӣ сардор фурӯд омада, дар вақти дарав назди Довуд ба мағораи Адулом даромаданд; ва қӯшуни фалиштиён дар водии Рафоим ӯрду зада буданд.
14 Ва Довуд он вақт дар қалъа буд; ва дастаи фалиштиён он вақт дар Байт‐Лаҳм меистоданд.
15 Ва Довуд изҳори орзу намуда, гуфт: «Кошки касе маро аз чоҳе ки назди дарвозаи Байт‐Лаҳм аст, об бинӯшонад!»
16 Ва ин се паҳлавон ӯрдугоҳи фалиштиёнро рахна карда, аз чоҳе ки назди дарвозаи Байт‐Лаҳм аст, об кашиданд ва онро бардошта, назди Довуд оварданд, вале ӯ нахост, ки онро бинӯшад, ва онро ҳамчун ҳадияи рехтанӣ барои Худованд рехт,
17 Ва гуфт: «Ҳошо аз тарси Худованд, ки ман чунин амал намоям! Оё хуни он касонро бинӯшам, ки ҷони худро дар хатар гузошта рафтаанд?» Ва ӯ нахост, ки онро бинӯшад. Чунин аст коре ки ин се паҳлавон карданд.
18 Ва Абишой, бародари Юоб ибни Саруё, сардори се нафар буд, ва ӯ боре найзаи худро бар сесад кас бардошта, ҳамаашонро кушта буд; ва ӯ дар миёни се нафар номдор буд.
19 Аз ин се нафар ӯ мукаррамтарин буда, сардори онҳо гардида буд, вале ба дараҷаи он се нафар нарасида буд.
20 Ва Баноё ибни Еҳӯёдоъ, писари марди далери қабсаилӣ, ки корнамоиҳои зиёде кардааст; ӯ ду паҳлавони мӯобиро кушта буд, ва ӯ фурӯд омада, шерро андаруни чоҳ дар рӯзи барф кушта буд.
21 Ва ӯ марди мисриеро, ки намуди бадҳайбате дошт, кушта буд, дар сурате ки дар дасти он мисрӣ найза буд, ва ӯ бо таёқе назди вай фурӯд омада, найзаро аз дасти мисрӣ рабуд ва варо бо найзаи худаш кушт.
22 Чунин аст корҳое ки Баноё ибни Еҳӯёдоъ карда буд, ва ӯ дар миёни он се паҳлавон номдор буд.
23 Аз сӣ нафар ӯ мукаррамтарин буд, вале ба дараҷаи он се нафар нарасида буд; ва Довуд ӯро бар гурӯҳи посбонони шахсии худ таъин намуд.
24 Асоил бародари Юоб дар миёни он сӣ нафар буд; Элҳонон ибни Дӯдӯ аз Байт‐Лаҳм;
25 Шаммои ҳарӯдӣ; Элиқои ҳарӯдӣ;
26 Ҳоласи фалтӣ; Иро ибни Иққеши тақӯогӣ;
27 Абиэзери антӯтӣ; Мабунони ҳушотӣ;
28 Салмӯни аҳӯҳӣ; Маҳарӯи натуфотӣ;
29 Ҳилаб ибни Баанои натуфотӣ; Иттой ибни Рибой, аз Ҷибъои банӣ‐Биньёмин;
30 Баноёҳуи фиръотӯнӣ; Ҳиддой, аз мулки Ҷоаш;
31 Абӣ‐Албӯни арботӣ; Азмовити барҳумӣ;
32 Эльяҳбои шаалбӯнӣ; аз банӣ‐Ешин Йӯнотон;
33 Шаммои ҳарорӣ; Аҳиом ибни Шорори арорӣ;
34 Элифолат ибни Аҳасбой ибни Маакотӣ; Элиом ибни Аҳитӯфали ҷилӯнӣ;
35 Ҳасрои кармилӣ; Фаарои арбӣ;
36 Йиҷъол ибни Нотон аз Сӯбо; Бонии ҷодӣ;
37 Солақи аммӯнӣ; Наҳарои беэрӯтӣ, ки силоҳбардори Юоб ибни Саруё буд;
38 Ирои йитрӣ; Ҷориби йитрӣ;
39 Уриёи ҳиттӣ; ҷамъ сию ҳафт нафар буданд.
24БОБИ БИСТУ ЧОРУМ
Ғазаби Худованд барои саршумории қавм.
1 Ва ғазаби Худованд боз бар исроилиён аланга зад, ва Довудро бар онҳо барангехт, то бигӯяд: «Бирав, Исроил ва Яҳудоро саршуморӣ намо».
2 Ва подшоҳ ба сарлашкари худ Юоб, ки назди ӯ буд, гуфт: «Дар тамоми сибтҳои Исроил, аз Дон то Беэр‐Шобаъ гардиш карда, қавмро саршуморӣ намо, то ки шумораи қавмро бидонам».
3 Ва Юоб ба подшоҳ гуфт: «Бигзор Худованд Худои ту шумораи қавмро аз он қадар, ки ҳаст, сад баробар зиёд кунад, ва чашмони оғоям подшоҳ инро бубинад! Пас, чаро оғоям подшоҳ ин корро хоҳон аст?»
4 Вале сухани подшоҳ бар Юоб ва сардорони сипоҳ ғолиб омад; ва Юоб бо сардорони сипоҳ аз пеши подшоҳ берун рафтанд, то ки қавми Исроилро саршуморӣ кунанд.
5 Ва аз Урдун гузашта, дар Арӯэр ӯрду заданд, ва аз тарафи рости шаҳр андаруни водии Ҷод рӯ оварда, ба Яъзир омаданд.
6 Ва ба Ҷилъод ва ба замини Таҳтим‐Ҳодшӣ расиданд; ва ба Дон‐Яан омаданд, ва давр зада, ба самти Сидӯн рафтанд.
7 Ва ба қалъаи рӯ ба рӯи Сӯр ва ба ҳамаи шаҳрҳои ҳиввиён ва канъониён омаданд, ва ба ҷануби Яҳудо баромада, то Беэр‐Шобаъ расиданд.
8 Ва тамоми заминро тай намуда, баъд аз гузаштани нӯҳ моҳу бист рӯз ба Ерусалим омаданд.
9 Ва Юоб рӯйхати саршумории қавмро ба подшоҳ пешниҳод кард; аз Исроил ҳаштсад ҳазор нафар ҷанговарони шамшерзан, ва аз Яҳудо панҷсад ҳазор нафар буданд.
Худованд бар қавм вабо мефиристад.
10 Ва Довуд, баъд аз он ки қавмро саршуморӣ намуд, пушаймон шуд; ва Довуд ба Худованд гуфт: «Бо ин коре ки кардам, ман бағоят гуноҳкор шудам; ва алҳол, эй Худованд, аз гуноҳи бандаи Худ гузароӣ намо, зеро ки бағоят беақлона рафтор кардам».
11 Ва Довуд бомдодон бархост; ва каломи Худованд бар Ҷоди набӣ, ки пешбини Довуд буд, нозил шуда, гуфт:
12 «Рафта, ба Довуд бигӯй: „Худованд чунин мегӯяд: Ман се чизро ба ту таклиф мекунам; яке аз онҳоро барои худ интихоб намо, то ки бар ту ба амал оварам“».
13 Ва Ҷод назди Довуд омад ва ба ӯ хабар дода, гуфт: «Оё ҳафт сол қаҳтӣ бар замини ту биёяд, ё се моҳ аз пеши душманонат бигрезӣ, ва онҳо туро таъқиб намоянд, ё ки се рӯз дар замини ту вабо рӯй диҳад? Алҳол мулоҳиза карда, қарор намо, ки ман ба Фиристандаи худ чӣ ҷавобе бирасонам».
14 Ва Довуд ба Ҷод гуфт: «Ман дар ғояти тангӣ ҳастам; беҳтар аст, ки ба дасти Худованд биафтам, зеро ки марҳамати Ӯ бузург аст; вале ба дасти одамизод наафтам».
15 Ва Худованд бар Исроил аз он субҳ то вақти муайяншуда вабо фиристод, ва аз қавм, аз Дон то Беэр‐Шобаъ, ҳафтод ҳазор нафар мурданд.
16 Ва фаришта дасти худро бар Ерусалим дароз кард, то ки онро ба ҳалокат бирасонад, валекин Худованд аз ин офат пушаймон шуд, ва ба фариштае ки қавмро нобуд мекард, гуфт: «Басанда аст, акнун дасти худро боздор!» Ва фариштаи Худованд назди хирмангоҳи Аравнои ябусӣ буд.
17 Ва ҳангоме ки Довуд фариштаи нобудкунандаи қавмро дид, ба Худо сухан ронда, гуфт: «Инак, ман гуноҳ кардаам ва ман каҷкорӣ намудаам, вале ин гӯсфандон чӣ кардаанд? Бигзор дасти Ту бар ман ва бар хонадони падарам бошад».
Довуд хирмангоҳи Аравноро мехарад.
18 Ва Ҷод дар он рӯз назди Довуд омада, гуфт: «Баромада, дар хирмангоҳи Аравнои ябусӣ қурбонгоҳе барои Худованд барпо намо».
19 Ва Довуд бар тибқи сухани Ҷод, чунон ки Худованд амр фармуда буд, баромад.
20 Ва Аравно назар андохта, подшоҳ ва навкаронашро дид, ки дар наздикии ӯ гузар мекунанд; ва Аравно берун омад, ва рӯ ба замин афтода, ба подшоҳ саҷда бурд.
21 Ва Аравно гуфт: «Барои чӣ оғоям подшоҳ назди бандаи худ омадааст?» Ва Довуд гуфт: «Барои он ки хирмангоҳро аз ту харида, қурбонгоҳе барои Худованд барпо намоям, то ки вабо аз қавм дур шавад».
22 Ва Аравно ба Довуд гуфт: «Бигзор оғоям подшоҳ он чиро, ки дар назараш писанд ояд, гирифта, қурбонӣ кунад: инак, говҳо барои қурбонии сӯхтанӣ, ва ғаллакӯбакҳо ва асбоби говҳо барои ҳезум.
23 Ҳамаи инро, эй подшоҳ, Аравно ба подшоҳ медиҳад». Ва Аравно ба подшоҳ гуфт: «Бигзор Худованд бар ту таваҷҷӯҳ намояд!»
24 Ва подшоҳ ба Аравно гуфт: «Не, балки аз ту ба қиммати пурраи он хоҳам харид, ва барои Худованд Худои худ чизи муфтро қурбонӣ нахоҳам кард». Ва Довуд хирмангоҳ ва говҳоро ба панҷоҳ сиқл нуқра харид.
25 Ва дар он ҷо Довуд қурбонгоҳе барои Худованд бино карда, курбонии сӯхтанӣ ва қурбонии саломатӣ овард. Ва Худованд ба мамлакат марҳамат намуд, ва вабо аз Исроил дур шуд.