КИТОБИ

ЧОРУМИ ПОДШОҲОН

1

БОБИ ЯКУМ

Исьёни Мӯоб. Бемории подшоҳ Аҳазьё.

1 Ва Мӯоб, баъд аз фавти Аҳъоб, ба муқобили Исроил исьён бардошт.

2 Ва Аҳазьё аз панҷараи болохонаи худ, ки дар Сомария буд, афтода, нотоб шуд; ва қосидонро фиристода, ба онҳо гуфт: «Рафта, аз Баал‐Забуб, худои Эқрӯн, бипурсед, ки оё ман аз ин нотобии худ шифо хоҳам ёфт?»

Ильёс ва Аҳазьё.

3 Ва фариштаи Худованд ба Ильёси тишбӣ гуфт: «Бархоста, ба истиқболи қосидони подшоҳи Сомария баро, ва ба онҳо бигӯй: „Магар дар Исроил Худо нест, ки шумо барои пурсидан аз Баал‐Забуб, худои Эқрӯн, меравед?“

4 Бинобар ин Худованд чунин мегӯяд: „Аз бистаре ки бар он хобидаӣ, фурӯд нахоҳӣ омад, балки ҳатман хоҳӣ мурд“». Ва Ильёс рафт.

5 Ва қосидон назди ӯ баргаштанд; ва ӯ ба онҳо гуфт: «Чаро баргаштед?»

6 Ва ба ӯ гуфтанд: «Шахсе ба истиқболи мо баромад, ва ба мо гуфт: „Рафта, назди подшоҳе ки шуморо фиристодааст, баргардед, ва ба вай бигӯед: Худованд чунин мегӯяд: магар дар Исроил Худо нест, ки ту барои пурсидан аз Баал‐Забуб, худои Эқрӯн, мефиристӣ? Бинобар ин аз бистаре ки бар он хобидаӣ, фурӯд нахоҳӣ омад, балки ҳатман хоҳӣ мурд“».

7 Ва ба онҳо гуфт: «Намуди он шахсе ки ба истиқболи шумо баромада, ин суханонро ба шумо гуфтааст, чӣ гуна буд?»

8 Ва ба ӯ гуфтанд: «Вай марди мӯйдоре буд, ва камарбанди чармин бар камараш баста буд». Ва ӯ гуфт: «Вай Ильёси тишбӣ будааст».

9 Ва мирипанҷоҳро бо панҷоҳ нафараш назди вай фиристод. Ва ӯ назди вай омад, ва инак вай бар қуллаи кӯҳ нишаста буд, ва ба вай гуфт: «Эй марди Худо! Подшоҳ мегӯяд: „Фурӯд ой“».

10 Ва Ильёс ҷавоб гардонида, ба мирипанҷоҳ гуфт: «Агар ман марди Худо бошам, бигзор оташ аз осмон фурӯ рехта, туро бо панҷоҳ нафарат бисӯзонад». Ва оташ аз осмон фурӯ рехта, ӯро бо панҷоҳ нафараш сӯзонид.

11 Ва боз мирипанҷоҳи дигарро бо панҷоҳ нафараш назди вай фиристод. Ва ӯ ба вай сухан ронда, гуфт: «Эй марди Худо! Подшоҳ чунин мегӯяд: „Бо зудӣ фурӯд ой“».

12 Ва Ильёс ҷавоб гардонида, ба онҳо гуфт: «Агар ман марди Худо бошам, бигзор оташ аз осмон фурӯ рехта, туро бо панҷоҳ нафарат бисӯзонад». Ва оташи Худо аз осмон фурӯ рехта, ӯро бо панҷоҳ нафараш сӯзонид.

13 Ва боз мирипанҷоҳи сеюмро бо панҷоҳ нафари ӯ фиристод. Ва мирипанҷоҳи сеюм равона шуда, расид ва пеши Ильёс бар зонуҳояш афтод, ва аз ӯ зорию илтиҷо намуда, гуфт: «Эй марди Худо! Лутфан, ҷони ман ва ҷони ин панҷоҳ нафар бандагонат дар назари ту азиз бошад.

14 Инак, оташ аз осмон фурӯ рехта, ду мирипанҷоҳи аввалро бо панҷоҳ нафари онҳо сӯзонид; ва алҳол ҷони ман дар назари ту азиз бошад».

15 Ва фариштаи Худованд ба Ильёс гуфт: «Бо вай фурӯд ой, аз вай натарс». Ва ӯ бархоста, бо вай назди подшоҳ фурӯд омад.

16 Ва ба ӯ гуфт: «Худованд чунин мегӯяд: „Азбаски қосидонро барои пурсидан аз Баал‐Забуб, худои Эқрӯн, фиристодаӣ, — гӯё ки дар Исроил Худо набошад, то ки каломи Ӯро бипурсӣ, — бинобар ин аз бистаре ки бар он хобидаӣ, фурӯд нахоҳӣ омад, балки ҳатман хоҳӣ мурд“».

Фавти Аҳазьё.

17 Ва ӯ бар тибқи каломи Худованд, ки Ильёс ба забон ронда буд, мурд, ва Йӯром дар соли дуюми Еҳӯром ибни Еҳӯшофот, подшоҳи Яҳудо, ба ҷои ӯ подшоҳ шуд, чунки ӯ писар надошт.

18 Ва бақияи аъмоли Аҳазьё, ки кард, дар китоби вақоеъномаи подшоҳони Исроил навишта шудааст.

2

БОБИ ДУЮМ

Ба осмон бароварда шудани Ильёс.

1 Ва ҳангоме ки Худованд Ильёсро дар гирдбод ба осмон бароварданӣ шуд, Ильёс бо Элишоъ аз Ҷилҷол мерафт.

2 Ва Ильёс ба Элишоъ гуфт: «Лутфан, дар ин ҷо бимон, зеро ки Худованд маро ба Байт‐Ил фиристодааст». Ва Элишоъ гуфт: «Ба ҳаёти Худованд ва ба ҳаёти ту қасам, ки ман туро тарк нахоҳам кард». Ва онҳо ба Байт‐Ил фурӯд омаданд.

3 Ва банӣ‐анбиёе ки дар Байт‐Ил буданд, назди Элишоъ берун омаданд, ва ба ӯ гуфтанд: «Оё ту медонӣ, ки имрӯз Худованд оғоятро аз болои сарат хоҳад гирифт?» Ва ӯ гуфт: «Ман ҳам медонам, хомӯш бошед».

4 Ва Ильёс ба ӯ гуфт: «Эй Элишоъ, лутфан, дар ин ҷо бимон, зеро ки Худованд маро ба Ериҳӯ фиристодааст». Ва ӯ гуфт: «Ба ҳаёти Худованд ва ба ҳаёти ту қасам, ки ман туро тарк нахоҳам кард». Ва онҳо ба Ериҳӯ омаданд.

5 Ва банӣ‐анбиёе ки дар Ериҳӯ буданд, ба Элишоъ наздик омада, гуфтанд: «Оё ту медонӣ, ки имрӯз Худованд оғоятро аз болои сарат хоҳад гирифт?» Ва ӯ гуфт: «Ман ҳам медонам, хомӯш бошед».

6 Ва Ильёс ба ӯ гуфт: «Лутфан, дар ин ҷо бимон, зеро ки Худованд маро ба Урдун фиристодааст». Ва ӯ гуфт: «Ба ҳаёти Худованд ва ба ҳаёти ту қасам, ки ман туро тарк нахоҳам кард». Ва ҳар дуяшон рафтанд.

7 Ва панҷоҳ нафар аз банӣ‐анбиё рафта, дар рӯ ба рӯи онҳо аз дур истоданд. Ва ҳар дуяшон назди Урдун истода буданд.

8 Ва Ильёс ридои худро гирифта, лӯла кард, ва обро зад, ва он пора шуда ба ин тараф ва он тараф ақиб рафт, ва ҳар дуяшон дар хушкӣ убур карданд.

9 Ва баъд аз он ки убур карданд, Ильёс ба Элишоъ гуфт: «Хоҳиш намо, ки барои ту чӣ кунам, пеш аз он ки аз ту гирифта шавам». Ва Элишоъ гуфт: «Лутфан, бигзор рӯҳи ту бар ман дучанд насиб гардад».

10 Ва ӯ гуфт: «Чизи мушкиле ту хоҳиш намудӣ. Агар бубинӣ, ки чӣ гуна ман аз ту гирифта мешавам, бароят чунин хоҳад шуд, вагар на — нахоҳад шуд».

11 Ва ҳангоме ки онҳо қадам зада мерафтанду сухан меронданд, инак, аробаи оташин ва аспони оташин пайдо шуда, онҳоро аз якдигар ҷудо карданд, ва Ильёс дар гирдбод ба осмон сууд намуд.

Рӯҳе ки бар Ильёс буд, бар Элишоъ қарор мегирад.

12 Ва Элишоъ инро дида, фарьёд зад: «Эй падарам, падарам! Эй аробаи Исроил ва саворонаш!» Ва ӯро дигар надид, ва либосҳои худро гирифта, ду пора кард.

13 Ва ридои Ильёсро, ки аз китфаш афтода буд, бардошт, ва баргашта, дар соҳили Урдун истод.

14 Ва ридои Ильёсро, ки аз китфаш афтода буд, гирифт, ва обро зада, гуфт: «Худованд Худои Ильёс куҷост?» Ҳамин ки ӯ низ обро зад, он пора шуда ба ин тараф ва он тараф ақиб рафт, ва Элишоъ убур кард.

15 Ва банӣ‐анбиёе ки дар Ериҳӯ дар рӯ ба рӯяш буданд, ӯро дида, гуфтанд: «Рӯҳи Ильёс бар Элишоъ қарор гирифтааст». Ва ба истиқболи ӯ омада, ба ӯ то замин таъзим карданд.

Банӣ‐анбиё, дониш дошта бошанд ҳам, имон надоранд.

16 Ва ба ӯ гуфтанд: «Инак, бо бандагонат панҷоҳ марди пурзӯр ҳастанд; бигзор онҳо рафта, оғоятро ҷустуҷӯ намоянд: шояд, рӯҳи Худованд ӯро бардошта, бар яке аз кӯҳҳо ва ё дар яке аз дараҳо партофта бошад». Вале ӯ гуфт: «Нафиристед».

17 Валекин онҳо ба ӯ бисьёр исрор карданд, ба тавре ки ӯ безор шуда, гуфт: «Бифиристед». Ва панҷоҳ нафарро фиристоданд, ва онҳо се рӯз ҷустуҷӯ намуданд, вале ӯро наёфтанд.

18 Ва назди ӯ баргаштанд, дар сурате ки ӯ дар Ериҳӯ буд; ва ӯ ба онҳо гуфт: «Ман, охир, ба шумо гуфтам, ки наравед».

19 Ва аҳли шаҳр ба Элишоъ гуфтанд: «Инак, мавзеи ин шаҳр хуб аст, чунон ки оғои мо мебинад; валекин обаш ганда, ва заминаш бачакуш аст».

20 Ва ӯ гуфт: «Ба ман косаи наве биёред ва намак дар он биандозед». Ва ба ӯ оварданд.

21 Ва ӯ назди сарчашмаи об берун рафта, намакро дар он андохт, ва гуфт: «Худованд чунин мегӯяд: „Ман ин обро шифо бахшидам, ва аз он дигар мавт ва бачамурӣ рӯй нахоҳад дод“».

22 Ва он об шифо ёфт, ки то имрӯз чунин аст, бар тибқи сухане ки Элишоъ гуфтааст.

23 Ва аз он ҷо ӯ ба Байт‐Ил равона шуд; ва ҳангоме ки ӯ дар роҳ мерафт, бачагони хурд аз шаҳр берун омада, ӯро истеҳзокунон гуфтанд: «Эй кал, бирав! Эй кал, бирав!»

24 Ва ӯ ба пушташ нигариста, онҳоро дид, ва онҳоро ба исми Худованд лаънат гуфт. Ва ду хирс аз ҷангал берун омада, аз онҳо чилу ду писарбачаро дариданд.

25 Ва аз он ҷо ӯ ба кӯҳи Кармил рафт, ва аз он ҷо ба Сомария баргашт.

3

БОБИ СЕЮМ

Подшоҳии Йӯром бар Исроил.

1 Ва Йӯром ибни Аҳъоб дар соли ҳаждаҳуми Еҳӯшофот, подшоҳи Яҳудо, бар Исроил дар Сомария подшоҳ шуд, ва дувоздаҳ сол подшоҳӣ кард.

2 Ва он чи дар назари Худованд бад буд, ба амал овард, лекин на мисли падараш ва модараш; ва сутуни Баалро, ки падараш сохта буд, дур кард.

3 Аммо ба гуноҳҳои Ёробъом ибни Набот, ки Исроилро гирифтори гуноҳ гардонида буд, часпида, аз онҳо дур нашуд.

4 Ва Мешаъ, подшоҳи Мӯоб, чорводор буд, ва ба подшоҳи Исроил сад ҳазор меш ва сад ҳазор қӯчқор бо пашми он мефиристод.

5 Ва ҳангоме ки Аҳъоб мурд, подшоҳи Мӯоб ба муқобили подшоҳи Исроил исьён бардошт.

6 Ва подшоҳ Йӯром дар он рӯз аз Сомария берун омад, ва тамоми Исроилро аз назар гузаронид.

7 Ва рафта, ба Еҳӯшофот, подшоҳи Яҳудо, фиристод ва гуфт: «Подшоҳи Мӯоб ба муқобили ман исьён бардоштааст; оё ту бо ман ба ҷанги зидди Мӯоб меравӣ?» Вай гуфт: «Меравам; ман мисли ту ҳастам, қавми ман мисли қавми ту, аспони ман мисли аспони ту».

8 Ва ӯ гуфт: «Бо кадом роҳ меравем?» Вай гуфт: «Бо роҳи биёбони Адӯм».

9 Ва подшоҳи Исроил ва подшоҳи Яҳудо ва подшоҳи Адӯм равона шуда, роҳи ҳафтрӯзаро давр заданд, ва барои қӯшун ва чорпоёне ки ҳамроҳи онҳо буданд, об набуд.

Элишоъ иттифоқи Йӯром ва Еҳӯшофотро мазаммат менамояд.

10 Ва подшоҳи Исроил гуфт: «Оҳ, Худованд ин се подшоҳро даъват намудааст, то ки онҳоро ба дасти Мӯоб бисупорад».

11 Ва Еҳӯшофот гуфт: «Оё набии Худованд дар ин ҷо нест, то ки ба воситаи вай аз Худованд бипурсем?» Ва яке аз навкарони подшоҳи Исроил ҷавоб гардонида, гуфт: «Элишоъ ибни Шофот, ки ба дасти Ильёс об мерехт, ин ҷост».

12 Ва Еҳӯшофот гуфт: «Каломи Худованд бо ӯст». Ва подшоҳи Исроил ва Еҳӯшофот ва подшоҳи Адӯм назди вай фурӯд омаданд.

13 Ва Элишоъ ба подшоҳи Исроил гуфт: «Маро бо ту чӣ кор аст? Назди анбиёи падарат ва анбиёи модарат бирав». Ва подшоҳи Исроил ба вай гуфт: «Не, зеро ки Худованд ин се подшоҳро даъват намудааст, то ки онҳоро ба дасти Мӯоб бисупорад».

14 Ва Элишоъ гуфт: «Ба ҳаёти Худованди лашкарҳо, ки ба ҳузураш истодаам, касам мехӯрам, ки агар ман поси хотири Еҳӯшофот, подшоҳи Яҳудоро намедоштам, ба тарафи ту нигоҳ намекардам ва туро намедидам.

15 Ва алҳол мутрибе барои ман биёред». Ва ҳамин ки мутриб ба навохтан сар кард, дасти Худованд бар вай омад.

Элишоъ ғалабаро пешгӯӣ мекунад.

16 Ва гуфт: «Худованд чунин мегӯяд: „Ин водиро пур аз хандақҳо бисоз“.

17 Зеро ки Худованд чунин мегӯяд: „Боде нахоҳед дид ва бороне нахоҳед дид, вале ин водӣ аз об пур хоҳад шуд, ва шумо ва рамаҳои шумо ва чорпоёни шумо хоҳед нӯшид“.

18 Вале ин дар назари Худованд кам аст, ва Ӯ Мӯобро низ ба дасти шумо хоҳад супурд.

19 Ва шумо ҳар шаҳри ҳисордор ва ҳар шаҳри гузинро зарба хоҳед зад, ва ҳар дарахти хубро хоҳед бурид, ва ҳар чашмаи обро хоҳед баст, ва ҳар қитъаи хубро бо сангҳо табоҳ хоҳед кард».

20 Ва бомдодон, ҳангоми тақдим кардани ҳадияи ордӣ, чунин воқеъ шуд, ки об аз роҳи Адӯм омад, ва замин аз об пур шуд.

21 Ва тамоми аҳли Мӯоб шуниданд, ки подшоҳон барои ҷангидан ба муқобили онҳо баромадаанд; ва ҳар касе ки метавонист шамшер ба камар бибандад, аз ҷавон то пир, ҷамъ омада, дар сарҳад истоданд.

22 Ва субҳидам бархостанд, дар сурате ки офтоб бар об нурафшон буд, ва аҳли Мӯоб он обро аз дур мисли хун сурх диданд

23 Ва гуфтанд: «Ин хун аст; подшоҳон, зоҳиран, муҳориба намуда, якдигарро куштаанд; ва алҳол, эй аҳли Мӯоб, барои гирифтани ғанимат шитоб кунед!»

24 Ва онҳо ба ӯрдугоҳи Исроил омаданд; ва исроилиён бархоста, мӯобиёнро зарба заданд, ба тавре ки онҳо аз пешашон гурехтанд, вале инҳо паи ҳам ба мӯобиён зарба мерасониданд.

25 Ва шаҳрҳоро хароб карданд, ва ба ҳар китъаи хуб ҳар кас санги худро партофта, онро пур карданд, ва ҳар чашмаи обро бастанд, ва ҳар дарахти хубро буриданд, ба тавре ки фақат ҳисори сангини Қир‐Ҳаросет боқӣ монд; ва фалохунандозон онро иҳота намуда, хароб карданд.

26 Ва подшоҳи Мӯоб дид, ки ҷанг ба ӯ сахтӣ мекунад, ва ӯ ҳафтсад шамшерзанро гирифт, то ки ба тарафи подшоҳи Адӯм зада дарояд, валекин натавонистанд.

27 Ва ӯ писари нахустзодаи худро, ки мебоист ба ҷояш подшоҳ мешуд, гирифта, бар ҳисор ҳамчун қурбонии сӯхтанӣ тақдим кард; ва ғазаби азиме ба мукобили исроилиён ба амал омад, ва онҳо аз ӯ ақиб нишаста, ба замини худ баргаштанд.

4

БОБИ ЧОРУМ

Мӯъҷиза бо равғане ки дар кӯзаи бевазан буд.

1 Ва зане аз занони банӣ‐анбиё фиғон намуда, ба Элишоъ гуфт: «Бандаат, шавҳари ман мурд, ва ту медонӣ, ки бандаат аз Худованд метарсид; ва қарзхоҳ омадааст, ки ду бачаи маро барои худ ба ғуломӣ бигирад».

2 Ва Элишоъ ба вай гуфт: «Барои ту чӣ кунам? Ба ман бигӯ, ки дар хонаат чӣ дорӣ?» Вай гуфт: «Чӯрии ту дар хона, ҷуз зарфе бо равған, чизе надорад».

3 Ва ӯ гуфт: «Рафта, барои худ аз берун, аз ҳамаи ҳамсояҳоят зарфҳо бипурс, зарфҳои холӣ, ки кам набошад;

4 Ва омада, дарро аз пушти худат ва писаронат бибанд, ва дар ҳамаи ин зарфҳо бирез, ва он чи пур шавад, ба каноре бимон».

5 Вай аз пеши ӯ рафта, дарро аз пушти худаш ва писаронаш баст; онҳо пеши вай мегузоштанд, вай мерехт.

6 Вақте ки зарфҳо пур шуд, вай ба писараш гуфт: «Пеши ман боз зарфе бимон». Ва ӯ ба вай гуфт: «Зарфе дигар нест». Ва равған бозистод.

7 Вай омада, ба марди Худо нақл намуд. Ва ӯ гуфт: «Рафта, равғанро бифрӯш ва қарзҳоятро адо намо, ва аз он чи боқӣ бимонад, ту ва писаронат зиндагӣ хоҳед кард».

Зани сарватманд дар Шунем.

8 Ва рӯзе чунин воқеъ шуд, ки Элишоъ аз Шунем гузар мекард, ва дар он ҷо зани сарватманде буд, ва аз ӯ бисьёр хоҳиш намуд, ки нон бихӯрад; ва ҳар бор, ки ӯ гузар мекард, ба он ҷо медаромад, ки нон бихӯрад.

9 Вай ба шавҳараш гуфт: «Инак, ман медонам, ки марде ки ҳамеша аз пеши мо гузар мекунад, валии Худост.

10 Пас, болохонаи хурде бисозем, ва дар он ҷо барои ӯ бистар, ва миз, ва курсӣ, ва чароғе бимонем, ва ҳар гоҳ ӯ назди мо биёяд, бигзор ба он ҷо дарояд».

11 Ва рӯзе ӯ ба он ҷо омад, ва ба он болохона даромада, дар он ҷо ёзид.

12 Ва ба навкараш Ҷеҳазӣ гуфт: «Ин зани шунемиро даъват намо». Варо даъват намуд, вай пеши ӯ истод.

13 Ва ба ӯ гуфт: «Ба вай бигӯ: „Инак, ту барои мо ин қадар ташвиш мекашӣ, пас барои ту чӣ кунам? Оё туро ҳоҷате ҳаст, ки бо подшоҳ ва ё бо сардори лашкар сухан ронам?“» Вай гуфт: «Андаруни қавми худ ман сокин ҳастам».

14 Ва ӯ гуфт: «Пас, барои вай чӣ кунам?» Ва Ҷеҳазӣ гуфт: «Аммо вай писаре надорад, ва шавҳараш пир аст».

15 Ва ӯ гуфт: «Варо даъват намо». Варо даъват намуд, вай назди дар истод.

16 Ва ӯ гуфт: «Баъд аз як сол, расо дар ҳамин вақт, ту писаре дар оғӯш хоҳӣ гирифт». Вай гуфт: «Не, эй оғоям, марди Худо, чӯрии худро ноумед накун».

17 Ва он зан ҳомила шуда, баъд аз як сол, расо дар ҳамон вақт, чунон ки Элишоъ ба вай гуфта буд, писаре зоид.

Элишоъ писари зани шунемиро зинда мекунад.

18 Ва он писар калон шуд, ва рӯзе назди падари худ, назди даравгарон рафт.

19 Ва ба падараш гуфт: «Вой, сарам! Вой, сарам!» Ва ӯ ба навкараш гуфт: «Варо назди модараш бибар».

20 Варо бардошта, назди модараш овард, ва то пешин вай болои зонуҳои ӯ нишаст, ва мурд.

21 Ва ӯ боло баромада, варо болои бистари марди Худо гузошт, ва дарро аз пушташ баста, берун омад.

22 Ва шавҳарашро даъват намуда, гуфт: «Лутфан, яке аз навкарон ва яке аз модахаронро назди ман бифирист, ва ман шитобон назди марди Худо меравам ва бармегардам».

23 Вай гуфт: «Чаро ту имрӯз, ки на навмоҳ аст ва на шанбе, назди ӯ меравӣ?» Гуфт: «Саломатист».

24 Ва модахарро зин карда, ба навкараш гуфт: «Бирон ва бирав, ва то ба ту нагӯям, дар рондан таваққуф накун».

25 Ва равона шуда, назди марди Худо, ба кӯҳи Кармил расид; ва ҳамин ки марди Худо ӯро аз дур дид, ба навкараш Ҷеҳазӣ гуфт: «Ин ҳамон зани шунемист;

26 Алҳол, лутфан, ба истиқболи вай давида, ба вай бигӯ: „Оё ту сиҳат саломат ҳастӣ? Оё шавҳарат солим аст? Оё писарат солим аст?“» Вай гуфт: «Саломатист».

27 Ва назди марди Худо ба кӯҳ расида, ба поҳояш часпид. Ва Ҷеҳазӣ наздик омад, то ки варо дур кунад, вале марди Худо гуфт: «Варо вогузор, зеро ки ҷонаш талх шудааст, ва Худованд аз ман пинҳон дошта, ба ман маълум накардааст».

28 Вай гуфт: «Оё писаре аз оғоям пурсида будам? Ман, охир, гуфта будам: „Маро ноумед накун“».

29 Ва ӯ ба Ҷеҳазӣ гуфт: «Камари худро бибанд, ва асои маро ба дастат гирифта, бирав; агар касеро бубинӣ, салом нагӯй, ва агар касе ба ту салом гӯяд, ҷавобаш надеҳ; ва асои маро бар рӯи кӯдак бимон».

30 Ва модари кӯдак гуфт: «Ба ҳаёти Худованд ва ба ҳаёти ту қасам, ки туро тарк нахоҳам кард». Ва ӯ бархоста, аз ақиби вай равона шуд.

31 Ва Ҷеҳазӣ аз онҳо пештар рафта, асоро бар рӯи кӯдак гузошт, валекин на садое буд ва на таваҷҷӯҳе. Ва ба истиқболи ӯ баргашт ва ба ӯ хабар дода, гуфт: «Кӯдак бедор нашуд».

32 Ва Элишоъ ба он хона омад, ва инак, кӯдаки мурда бар бистари ӯ гузошта шудааст.

33 Ва ӯ даромада, дарро аз пушти ҳар дуяшон баст, ва сӯи Худованд дуо гуфт.

34 Ва баромада, бар кӯдак хобид, ва даҳони худро бар даҳони вай ва чашмони худро бар чашмони вай ва кафҳои дасти худро бар кафҳои дасти вай гузошта, бар вай ёзид, ва бадани писар гарм шуд.

35 Ва фуромада, дар хона боре ин сӯ ва боре он сӯ қадам зад, ва баромада, бар вай ёзид; ва кӯдак ҳафт карат атса зад, ва кӯдак чашмонашро воз кард.

36 Ва ӯ Ҷеҳазиро даъват намуда, гуфт: «Ин зани шунемиро даъват намо». Варо даъват намуд, ва чун вай назди ӯ омад, ӯ гуфт: «Писаратро бардор».

37 Вай наздик омада, назди пойҳои ӯ афтод, ва то замин таъзим намуд, ва писарашро бардошта, берун рафт.

Элишоъ ошро барои хӯрдан мувофиқ мегардонад.

38 Ва Элишоъ ба Ҷилҷол баргашт. Ва қаҳтӣ дар он замин буд; ва банӣ‐анбиё ба ҳузури ӯ нишаста буданд. Ва ӯ ба навкари худ гуфт: «Деги калонро монда, оше барои банӣ‐анбиё бипаз».

39 Ва яке аз онҳо ба саҳро рафт, то ки гиёҳ чинад, ва палаки ёбоие ёфт, ва дастамбӯҳо аз он чида, домани худро пур кард, ва омада, онҳоро реза карду дар деги ош андохт, зеро ки онҳоро нашинохтанд.

40 Ва барои он одамон ош кашиданд, то ки бихӯранд. Ва ҳамин ки онҳо ба хӯрдан шурӯъ карданд, фарьёд кашида, гуфтанд: «Марг дар дег аст, эй марди Худо!» Ва натавонистанд бихӯранд.

41 Ва ӯ гуфт: «Орд биёред». Ва ӯ онро дар дег андохта, гуфт: «Ба мардум бирез, то ки бихӯранд». Ва ҳеҷ чизи бад дар дег набуд.

42 Ва шахсе аз Баал‐Шолишо омада, барои марди Худо нони навбар: бист қурс нони ҷав ва донаҳои тару тозаи ҷав дар лингчаи худ овард. Ва ӯ гуфт: «Ба мардум бидеҳ, то ки бихӯранд».

43 Ва навкараш гуфт: «Ин чӣ қадар аст, ки пеши сад кас бигузорам?» Ва ӯ гуфт: «Ба мардум бидеҳ, то ки бихӯранд, зеро ки Худованд чунин мегӯяд: „Хоҳанд хӯрд, ва аз онҳо зиёдатӣ хоҳад монд“».

44 Ва пеши онҳо гузошт, ва онҳо хӯрданд, ва бар тибқи каломи Худованд аз онҳо зиёдатӣ монд.

5

БОБИ ПАНҶУМ

Шифо ёфтани Наамон.

1 Ва Наамон, сардори лашкари подшоҳи Арам, ба ҳузури оғои худ шахси бузург ва мӯҳтарам буд, зеро ки ба воситаи вай Худованд ба Арам ғалаба бахшида буд; ва ин шахс паҳлавони далер, вале махавӣ буд.

2 Ва фавҷҳои арамиён берун омада, духтари хурдеро аз замини Исроил асир карданд, ва ӯ пеши зани Наамон хизмат мекард.

3 Ва ӯ ба хотуни худ гуфт: «Кошки оғоям пеши набие ки дар Сомария аст, мерафт, ки вай ӯро аз махаваш шифо медод!»

4 Ва ӯ омад ва ба оғои худ хабар дода, гуфт: «Духтаре ки аз замини Исроил аст, чунин ва чунон мегӯяд».

5 Ва подшоҳи Арам гуфт: «Биё, бирав, ва ман ба подшоҳи Исроил мактуб мефиристам». Ва ӯ рафта даҳ киккар нуқра ва шаш ҳазор сиқл тилло ва даҳ даста либос ба дасти худ гирифт.

6 Ва мактубро назди подшоҳи Исроил овард, ки дар он гуфта шуда буд: «Ва алҳол, дар баробари он ки ин мактуб ба дасти ту бирасад, инак, ман навкари худ Наамонро назди ту фиристодам, то ки ӯро аз махаваш шифо диҳӣ».

7 Ва ҳангоме ки подшоҳи Исроил мактубро хонд, либоси худро чок зада, гуфт: «Оё ман Худо ҳастам, ки бимиронам ва зинда гардонам, ки вай назди ман фиристодааст, то ки он одамро аз махаваш шифо диҳам? Пас, бидонед ва бубинед, ки вай бар зидди ман баҳона меҷӯяд».

8 Ва чун Элишоъ, марди Худо, шунид, ки подшоҳи Исроил либоси худро чок задааст, назди подшоҳ фиристода, гуфт: «Чаро либоси худро чок задӣ? Бигзор вай назди ман биёяд, то бидонад, ки набие дар Исроил ҳаст».

9 Ва Наамон бо аспон ва аробаи худ омада, назди дари хонаи Элишоъ истод.

10 Ва Элишоъ қосиде назди вай фиристода, гуфт: «Рафта, ҳафт карат дар Урдун ғусл намо, ва баданат аз нав тоза шуда, ту пок хоҳӣ гардид».

11 Вале Наамон ба хашм омада, рафт, ва гуфт: «Инак, ман гумон карда будам, ки ӯ ҳатман берун хоҳад омад, ва истода, исми Худованд Худои худро хоҳад хонд, ва дасти худро ба он ҷой расонида, махавро шифо хоҳад дод.

12 Оё Амоно ва Фарфар, наҳрҳои Димишқ, аз ҳамаи обҳои Исроил беҳтар нест? Оё ман наметавонистам дар онҳо ғусл намуда, пок шавам?» Ва ӯ тоб хӯрда, бо ғазаб рафт.

13 Ва навкаронаш наздик омада ва ба ӯ сухан ронда, гуфтанд: «Эй падарам, агар набӣ ба ту чизи бузурге мегуфт, оё намекардӣ? Хусусан ки вай ба ту гуфтааст: „Ғусл намуда, пок шав“».

14 Ва ӯ фурӯд омада, бар тибқи каломи марди Худо, ҳафт карат дар Урдун ғусл кард, ва баданаш, мисли бадани тифли хурд, аз нав тоза шуд, ва ӯ пок гардид.

15 Ва ӯ, бо ҳамаи ҳамроҳонаш, назди марди Худо баргашт, ва пеши ӯ омада, истод ва гуфт: «Инак, акнун донистам, ки Худое дар тамоми замин нест, ҷуз Он ки дар Исроил аст; ва алҳол, лутфан, тӯҳфае аз бандаи худ бигир».

16 Ва ӯ гуфт: «Ба ҳаёти Худованде ки дар ҳузураш истодаам, қасам мехӯрам, ки нахоҳам гирифт». Ва ҳарчанд ба гирифтанаш исрор намуд, ӯ розӣ нашуд.

17 Ва Наамон гуфт: «Чун намегирӣ, бигзор ба бандаат ба андозае ки ду хачир бардорад, хок диҳанд, чунки бандаат минбаъд ба худоёни дигар, ҷуз Худованд, қурбониҳои сӯхтанӣ ва забҳҳо тақдим нахоҳад кард.

18 Фақат аз ин бобат бигзор Худованд бандаатро афв фармояд: вақте ки оғои ман ба хонаи Риммӯн ояд, то ки дар он ҷо саҷда барад, ва ӯ бар дасти ман такья кунад, ва ман дар хонаи Риммӯн саҷда барам, — пас, барои он ки ман дар хонаи Риммӯн саҷда мебарам, бигзор Худованд бандаатро аз ин бобат афв фармояд».

19 Ва ӯ ба вай гуфт: «Ба саломатӣ бирав». Ва аз пеши ӯ рафта, масофате бурид.

Гуноҳи Ҷеҳазӣ.

20 Ва Ҷеҳазӣ, навкари Элишоъ, марди Худо, дар дили худ гуфт: «Инак, оғоям нахост, ки аз дасти ин Наамони арамӣ он чиро, ки вай оварда буд, бигирад; ба ҳаёти Худованд қасам, ки ман аз қафои вай давида, чизе аз вай хоҳам гирифт».

21 Ва Ҷеҳазӣ аз қафои Наамон давид; ва Наамон давандаеро аз қафои худ дида, аз аробаи худ ба истиқболаш фурӯд омад, ва гуфт: «Оё саломатист?»

22 Ва ӯ гуфт: «Оғоям маро фиристода, гуфт: „Инак, алҳол аз кӯҳи Эфроим ду ҷавон, аз банӣ‐анбиё, назди ман омаданд; лутфан, барои онҳо як киккар нуқра ва ду даста либос бидеҳ“».

23 Ва Наамон гуфт: «Марҳамат фармуда, ду киккар бигир». Ва аз ӯ бисьёр илтимос кард, ва ду киккар нуқраро бо ду даста либос дар ду халта баста, ба ду навкари худ дод, ва онҳо пешопеши у бардошта бурданд.

24 Ва ҳангоме ки ба бурҷи болои тал расид, аз дасти онҳо гирифта, дар хона пинҳон кард; ва он одамонро ҷавоб дод, ва онҳо рафтанд.

25 Ва ӯ омада, назди оғои худ истод. Ва Элишоъ ба ӯ гуфт: «Аз куҷо омадӣ, эй Ҷеҳазӣ?» Ва ӯ гуфт: «Бандаат ба ҳеҷ ҷо нарафта буд».

26 Вай ба ӯ гуфт: «Оё дили ман ҳамроҳи ту нарафт, вақте ки он шахс аз аробаи худ ба истиқболи ту фурӯд омад? Оё ҳоло вақти гирифтани нуқра ва гирифтани либосҳо, ва дарахтони зайтун ва токҳо, ва гӯсфандон ва говон, ва ғуломон ва канизон аст?

27 Пас, махави Наамон ба ту ва ба насли ту ба сурати абадӣ хоҳад часпид». Ва ӯ аз махав мисли барф сафед шуда, аз пеши вай берун рафт.

6

БОБИ ШАШУМ

Элишоъ табареро, ки ба таги об рафта буд, берун меоварад.

1 Ва банӣ‐анбиё ба Элишоъ гуфтанд: «Инак, маконе ки ба ҳузури ту дар он сокинем, барои мо танг аст.

2 Лутфан, мо назди Урдун биравем, ва ҳар яке ғӯлачӯбе аз он ҷо бигирем, ва маконе барои худ дар он ҷо бисозем, то ки дар он сукунат намоем». Ва ӯ гуфт: «Биравед».

3 Ва яке аз онҳо гуфт: «Лутфан, ту ҳам, марҳамат фармуда, бо бандагонат биё». Ва ӯ гуфт: «Ман меоям».

4 Ва бо онҳо рафт; ва онҳо назди Урдун омада, ба дарахтбурӣ шурӯъ карданд.

5 Ва ҳангоме ки яке аз онҳо ғӯлачӯбро меафтонид, табараш дар об афтод, ва ӯ фарьёд кашида, гуфт: «Оҳ, оғоям, ва ҳол он ки ман онро ба орият гирифта будам!»

6 Ва марди Худо гуфт: «Ба куҷо афтод?» Вай ба ӯ ҷояшро нишон дод, ва ӯ чӯбе бурида, ба он ҷо андохт, ва табар бар рӯи об баромад.

7 Ва ӯ гуфт: «Онро бигир». Вай дасташро дароз карда, гирифт.

Элишоъ ниятоҳи подшоҳи Арамро фош мекунад.

8 Ва подшоҳи Арам бо Исроил ҷанг мекард; ва бо навкаронаш машварат намуда, гуфт: «Дар фалон ҷо ӯрдугоҳи ман хоҳад буд».

9 Ва марди Худо ба подшоҳи Исроил фиристода, гуфт: «Эҳтиёт намо, ки аз ин ҷо нагузарӣ, зеро ки арамиён дар он ҷо ӯрду задаанд».

10 Ва подшоҳи Исроил ба маконе ки марди Худо дар бораи он ба ӯ хабар дода ва ӯро таъкид карда буд, фиристода, дар он ҷо на як бор ва на ду бор эҳтиёт намуд.

11 Ва дили подшоҳи Арам аз боиси ин дар изтироб афтод, ва ӯ навкаронашро даъват намуда, ба онҳо гуфт: «Оё ба ман хабар намедиҳед, ки аз байни мо кист, ки бо подшоҳи Исроил робита дорад?»

12 Ва яке аз навкаронаш гуфт: «Эй оғоям подшоҳ, чунин нест, балки Элишои набӣ, ки дар Исроил аст, ба подшоҳи Исроил суханонеро, ки ту дар хонаи хоби худ мегӯӣ, хабар медиҳад».

13 Ва ӯ гуфт: «Рафта, бубинед, ки вай куҷост, ва ман мефиристам, то ки варо бигирам». Ва ба ӯ хабар дода, гуфтанд: «Инак, вай дар Дӯтон аст».

14 Ва ӯ ба он ҷо аспон ва аробаҳо ва қӯшуни бузурге равона кард, ва онҳо шабона омада, шаҳрро иҳота карданд.

15 Ва бомдодон хизматгори марди Худо бархоста, берун омад, ва инак, қӯшуне бо аспон ва аробаҳо шаҳрро иҳота кардаанд. Ва хизматгораш ба ӯ гуфт: «Оҳ, оғоям, чӣ кунем?»

16 Ва ӯ гуфт: «Натарс, зеро онҳое ки бо моянд, аз онҳое ки бо инҳоянд, бештаранд».

17 Ва Элишоъ дуо хонда, гуфт: «Эй Худованд! Лутфан, чашмони варо бикшо, то ки бубинад». Ва Худованд чашмони навкарро кушод, ва ӯ дид, ва инак, кӯҳ гирдогирди Элишоъ аз аспон ва аробаҳои оташин пур буд.

Элишоъ арамиёнро ба Сомария равона мекунад.

18 Ва онҳо назди ӯ фурӯд меомаданд. Ва Элишоъ сӯи Худованд дуо хонда, гуфт: «Лутфан, ин одамонро ба кӯрӣ гирифтор намо». Ва Ӯ онҳоро, бар тибқи каломи Элишоъ, ба кӯрӣ гирифтор кард.

19 Ва Элишоъ ба онҳо гуфт: «Роҳ ин нест, ва шаҳр ин нест; аз қафоям биёед, ва шуморо сӯи касе ки ҷустуҷӯ менамоед, хоҳам бурд». Ва онҳоро ба Сомария бурд.

20 Ва ҳангоме ки онҳо ба Сомария расиданд, Элишоъ гуфт: «Эй Худованд! Чашмони онҳоро бикшо, то ки бубинанд». Ва Худованд чашмони онҳоро кушод, ва онҳо диданд, ва инак андаруни Сомария буданд.

21 Ва подшоҳи Исроил онҳоро дида, ба Элишоъ гуфт: «Эй падарам, оё онҳоро зарба занам?»

22 Ва ӯ гуфт: «Зарба назан; магар онҳоро бо шамшер ва камони худ асир кардаӣ, ки мехоҳӣ зарба занӣ? Нон ва об пеши онҳо бимон, то ки бихӯранд ва бинӯшанд, ва назди оғои худ бираванд».

23 Ва барои онҳо зиёфати калоне муҳайё намуд, ва онҳо хӯрданд ва нӯшиданд, ва онҳоро фиристод, ва онҳо назди оғои худ рафтанд; ва фавҷҳои Арам дигар ба замини Исроил тохт наоварданд.

24 Ва баъд аз он чунин воқеъ шуд, ки Бин‐Ҳадад, подшоҳи Арам, тамоми лашкари худро ҷамъ кард, ва баромада, Сомарияро муҳосира намуд.

25 Ва қаҳтии сахт дар Сомария буд, ва инак, онро муҳосира карда буданд, ба тавре ки каллаи хар ба баҳои ҳаштод сиқл нукра фурӯхта мешуд, ва чорьяк қаб+ 6:25 Қаб — воҳиди андозаи ҷисмҳои обакӣ дар замони қадим, ки гунҷонши 2,2 литрро дошт. саргини кафтар — ба баҳои панҷ сиқл нуқра.

26 Ва рӯзе подшоҳи Исроил бар ҳисор гузар мекард, зане сӯи ӯ фарьёд кашида, гуфт: «Эй оғоям подшоҳ, мадад кун!»

27 Ва ӯ гуфт: «Агар Худованд ба ту мадад накунад, ман аз куҷо ба ту мадад кунам? Оё аз хирман ё аз чархушт?»

28 Ва подшоҳ ба вай гуфт: «Туро чӣ шуд?» Вай гуфт: «Ин зан ба ман гуфт: „Писари худро бидеҳ, то ки имрӯз ӯро бихӯрем, ва писари маро фардо хоҳем хӯрд“.

29 Ва писари маро пухтем, ва ӯро хӯрдем. Ва рӯзи дигар ман ба вай гуфтам: „Писари худро бидеҳ, то ки ӯро бихӯрем“. Вале вай писари худро пинҳон кард».

30 Ҳамин ки подшоҳ суханони занро шунид, либоси худро чок зад, ва ӯ бар ҳисор гузар мекард, ва қавм диданд, ки инак, бар баданаш аз таг палос буд.

31 Ва ӯ гуфт: «Худо ба ман чунин ва зиёда аз ин бикунад, ки агар сари Элишоъ ибни Шофот имрӯз бар танаш бимонад!»

Элишоъ аз хатар безобита намешавад.

32 Ва Элишоъ дар хонаи худ нишаста буд, ва пирон ҳамроҳи ӯ нишаста буданд. Ва подшоҳ касеро аз ҷониби худ фиристод. Пеш аз он ки ин қосид назди ӯ биёяд, ӯ ба пирон гуфт: «Оё мебинед, ки ин писари қотил фиристодааст, то ки сари маро аз танам ҷудо кунад? Ҳушьёр бошед, ҳамин ки қосид биёяд, дарро пӯшида, варо бо дар пахш кунед. Инак, садои похои оғои варо аз ақибаш мешунавам».

33 Ҳанӯз бо онҳо сухан меронд, ва инак, қосид назди ӯ фурӯд омад ва гуфт: «Инак, ин мусибат аз ҷониби Худованд аст! Чӣ гуна боз ба Худованд таваккал кунам?»

7

БОБИ ҲАФТУМ

Элишоъ замони мусоид ва гурехтани арамиёнро пешгӯӣ мекунад.

1 Ва Элишоъ гуфт: «Каломи Худовандро бишнавед! Худованд чунин мегӯяд: „Фардо дар ҳамин вақт як сео орди маҳин ба як сиқл, ва ду сео ҷав ба як сиқл назди дарвозаи Сомария фурӯхта хоҳад шуд“».

2 Ва саркардае ки подшоҳ бар дасти вай такья менамуд, ба марди Худо ҷавоб гардонида, гуфт: «Ҳатто агар Худованд равзанҳо дар осмон бикшояд, оё ин чиз ба амал хоҳад омад?» Ва ӯ гуфт: «Инак, ту бо чашмони худ хоҳӣ дид, валекин аз он нахоҳӣ хӯрд».

3 Ва чор одами махавӣ дар даҳани дарвоза буданд, ва ба якдигар мегуфтанд: «Чаро мо дар ин ҷо биншинем, то даме ки бимирем?

4 Агар гӯем: „Ба шаҳр дароем“ — қаҳтӣ дар шаҳр аст, ва дар он ҷо хоҳем мурд; ва агар дар ин ҷо биншинем — хоҳем мурд. Пас, алҳол рафта, ба ӯрдугоҳи арамиён дохил шавем; агар онҳо моро зинда нигоҳ доранд, — зинда хоҳем монд, ва агар моро бикушанд, — хоҳем мурд».

5 Ва дар вақти говгум бархостанд, то ки ба ӯрдугоҳи арамиён бираванд; ва ҳангоме ки ба канори ӯрдугоҳи арамиён расиданд, — инак, касе дар он ҷо набуд.

6 Ва Худованд дар ӯрдугоҳи арамиён садои аробаҳо, садои аспон, садои лашкари бузургеро шунавонид, ва онҳо ба якдигар гуфтанд: «Инак, подшоҳи Исроил подшоҳони ҳиттиён ва подшоҳони мисриёнро ба мукобили мо киро кардааст, то ки бар мо тохт оваранд».

7 Ва онҳо бархоста, дар вақти говгум гурехтанд, ва хаймаҳо ва аспон ва харони худро — тамоми ӯрдугоҳро, чунон ки буд, — тарк карда, аз тарси ҷони худ рӯ ба гурез оварданд.

8 Ва он махавиён ба канори ӯрдугоҳ расида, ба як хайма даромаданд, ва хӯрданд ва нӯшиданд, ва аз он ҷо нуқра ва тилло ва либос гирифта рафтанд ва пинҳон карданд; ва баргашта, ба хаймаи дигар даромаданд, ва аз он ҷо гирифта рафтанд ва пинҳон карданд.

9 Ва ба якдигар гуфтанд: «Кирдори мо дуруст нест; имрӯз рӯзи башорат аст, валекин мо хомӯш мондем, ва агар то рӯшноии саҳарӣ даранг кунем, гуноҳе бар сари мо хоҳад афтод; ва алҳол биёед, биравем ва ба хонаи подшоҳ хабар диҳем».

10 Ва омада, дарвозабонони шаҳрро хонданд ва ба онҳо хабар дода, гуфтанд: «Мо ба ӯрдугоҳи арамиён рафта будем, ва инак, дар он ҷо на касе ҳаст ва на садои одамизод, балки аспони басташуда, ва харони басташуда, ва хаймаҳо, чунон ки будаанд».

11 Ва дарвозабононро хонданд, ва онҳо ба андаруни хонаи подшоҳ хабар доданд.

12 Ва подшоҳ шабона бархоста, ба навкаронаш гуфт: «Ман ба шумо мегӯям, ки арамиён бо мо чӣ хоҳанд кард: онҳо медонанд, ки мо гурусна ҳастем, ва аз ӯрдугоҳ баромада, дар саҳро пинҳон шудаанд, ва мегӯянд: „Ҳамин ки аз шаҳр бароянд, онҳоро зинда дастгир карда, ба шаҳр дохил хоҳем шуд“».

13 Ва яке аз навкаронаш ҷавоб гардонида, гуфт: «Бигзор панҷ нафарро аз бақияи аспсаворон, ки дар он боқӣ мондаанд, бигиранд, — онҳо мисли тамоми ҷамоати Исроил, ки дар он боқӣ мондаанд, мисли тамоми ҷамоати Исроил, ки нобуд шудаанд, мебошанд, — ва онҳоро мо мефиристем ва мебинем».

14 Ва ду аспсаворро гирифтанд, ва подшоҳ аз ақиби ӯрдуи арамиён фиристода, гуфт: «Биравед ва бубинед».

15 Ва аз ақиби онҳо то Урдун рафтанд, ва инак, тамоми роҳ аз либосҳо ва чизҳое ки арамиён саросема шуда партофта буданд, пур буд. Ва қосидон баргашта, ба подшоҳ хабар доданд.

16 Ва қавм берун рафта, ӯрдугоҳи арамиёнро тороҷ карданд; ва як сео орди маҳин ба як сиқл, ва ду сео ҷав ба як сиқл, бар тибқи каломи Худованд, фурӯхта шуд.

17 Ва подшоҳ он саркардаро, ки бар дасти вай такья менамуд, назди дарвоза гузошт, ва қавм варо назди дарвоза поймол карданд, ки мурд, бар тибқи сухане ки марди Худо гуфта буд, яъне вақте ки подшоҳ назди вай фурӯд омад, вай сухан ронда, гуфта буд:

18 Ҳангоме ки марди Худо ба подшоҳ сухан ронда, гуфт: «Ду сео ҷав ба як сиқл, ва як сео орди маҳин ба як сиқл фардо дар ҳамин вақт назди дарвозаи Сомария фурӯхта хоҳад шуд», —

19 Он саркарда ба марди Худо ҷавоб гардонида, гуфт: «Ҳатто агар Худованд равзанҳо дар осмон бикшояд, оё ин чиз ба амал хоҳад омад?» Ва ӯ гуфт: «Инак, ту бо чашмони худ хоҳӣ дид, валекин аз он нахоҳӣ хӯрд».

20 Ва бо вай чунин рӯй дод: қавм варо назди дарвоза поймол карданд, ки мурд.

8

БОБИ ҲАШТУМ

Элишоъ ҳафт соли қаҳтиро пешгӯӣ мекунад.

1 Ва Элишоъ ба зане ки писарашро зинда карда буд, сухан ронда, гуфт: «Ту бо хонадонат бархоста, бирав ва дар ҳар ҷое ки метавонӣ, сукунат намо; зеро ки Худованд қаҳтиро даъват намудааст, ва он бар ин замин низ ҳафт сол ҳукмфармо хоҳад шуд».

2 Ва он зан бархоста, бар тибқи сухани марди Худо амал намуд, ва бо хонадонаш рафта, дар замини фалиштиён ҳафт сол умр гузаронид.

3 Ва баъд аз гузаштани ҳафт сол чунин воқеъ шуд, ки он зан аз замини фалиштиён баргашт ва баромада, сӯи подшоҳ дар бораи хона ва замини худ истиғоса намуд.

4 Ва подшоҳ он вақт бо Ҷеҳазӣ, навкари марди Худо, сухан ронда, мегуфт: «Лутфан, ба ман дар бораи ҳамаи корҳои бузурге ки Элишоъ кардааст, ҳикоят намо».

5 Ва ҳангоме ки ӯ ба подшоҳ ҳикоят менамуд, ки чӣ гуна вай мурдаро зинда кардааст, инак, зане ки писарашро вай зинда карда буд, сӯи подшоҳ дар бораи ҳона ва замини худ истиғоса намуд; ва Ҷеҳазӣ гуфт: «Эй оғоям подшоҳ, ин ҳамон зан аст, ва ин писари ӯст, ки Элишоъ зинда карда буд».

6 Ва подшоҳ аз зан пурсид, ва ӯ ба вай ҳикоят кард; ва подшоҳ яке аз хоҷасароёнашро барои ӯ таъин намуда, гуфт: «Тамоми дороии ӯ ва тамоми ҳосили замини ӯро аз рӯзе ки мамлакатро тарк кардааст, то алҳол ба ӯ баргардон».

Элишоъ ба Ҳазоил пешгӯӣ мекунад, ки вай дар Арам подшоҳ хоҳад шуд.

7 Ва Элишоъ ба Димишқ омад, вақте ки Бин‐Ҳадад, подшоҳи Арам, бемор буд; ва ба ӯ хабар дода, гуфтанд: «Марди Худо ба ин ҷо омадааст».

8 Ва подшоҳ ба Ҳазоил гуфт: «Ҳадияе ба дасти худ гирифта, ба истиқболи марди Худо бирав, ва ба воситаи вай аз Худованд бипурс, ки оё ман аз ин беморӣ шифо хоҳам ёфт?»

9 Ва Ҳазоил ба истиқболи вай равона шуд, ва ҳадияе ба дасти худ гирифт, ки он аз тамоми нозу неъмати Димишқ ба андозаи бори чил шутур буд; ва омада, ба ҳузури вай истод, ва гуфт: «Писарат Бин‐Ҳадад, подшоҳи Арам, маро назди ту фиристода, мегӯяд: „Оё ман аз ин беморӣ шифо хоҳам ёфт?“»

10 Ва Элишоъ ба ӯ гуфт: «Рафта, ба вай бигӯ: „Албатта шифо хоҳӣ ёфт“. Валекин Худованд ба ман ошкор кард, ки вай ҳатман хоҳад мурд».

11 Ва бар ӯ чашми худро дӯхт, ба тавре ки ӯ бетоқат шуд; ва марди Худо гирья кард.

12 Ва Ҳазоил гуфт: «Чаро оғоям гирья мекунад?» Ва ӯ гуфт: «Зеро медонам, ки чӣ гуна фалокате ту ба сари банӣ‐Исроил хоҳӣ овард: ба қалъаҳои онҳо оташ хоҳӣ зад, ва ҷавонони онҳоро бо шамшер хоҳӣ кушт, ва тифлони онҳоро зада маҷақ хоҳӣ кард, ва ҳомиладорони онҳоро шикамчок хоҳӣ сохт».

13 Ва Ҳазоил гуфт: «Бандаи мисли як саги ту кист, ки чунин кори бузурге бикунад?» Ва Элишоъ гуфт: «Худованд туро ба ман ҳамчун подшоҳи Арам нишон дод».

14 Ва ӯ аз пеши Элишоъ рафта, назди оғои худ омад. Вай ба ӯ гуфт: «Элишоъ ба ту чӣ гуфт?» Ва ӯ гуфт: «Ба ман гуфт, ки албатта шифо хоҳӣ ёфт».

15 Ва фардояш ӯ кампалеро гирифта, дар об ғӯтонид, ва бар рӯи вай пӯшонид, ки мурд; ва Ҳазоил ба ҷои вай подшоҳ шуд.

Еҳӯром баъд аз падараш Еҳӯшофот бар Яҳудо подшоҳ мешавад.

16 Ва дар соли панҷуми Йӯром ибни Аҳъоб, подшоҳи Исроил, ҳангоме ки Еҳӯшофот ҳанӯз подшоҳи Яҳудо буд, Еҳӯром ибни Еҳӯшофот, подшоҳи Яҳудо, ба подшоҳӣ шурӯъ намуд.

17 Дар вақти подшоҳ шуданаш ӯ сию дусола буд, ва ҳашт сол дар Ерусалим подшоҳӣ кард.

18 Ва ӯ бо роҳи подшоҳони Исроил рафтор намуд, чунон ки хонадони Аҳъоб рафтор карда буданд, зеро ки духтари Аҳъоб зани ӯ буд, ва он чи дар назари Худованд бад буд, ӯ ба амал овард.

19 Валекин Худованд ба хотири бандаи Худ Довуд нахост Яҳудоро ба ҳалокат расонад, зеро ба ӯ ваъда дода буд, ки барои ӯ ва фарзандони ӯ умрбод чароғе бидиҳад.

Исьёни Адӯм ва Либно.

20 Дар айёми ӯ Адӯм аз зери дасти Яҳудо исьён бардошт, ва онҳо бар худ подшоҳе гузоштанд.

21 Ва Еҳӯром ба Соир равона шуд, ва ҳамаи аробаҳо бо ӯ буд; ва шабона ӯ бархост ва сафҳои адӯмиёнро, ки ӯ ва сардорони аробаҳоро иҳота карда буданд, рахна намуда, ақиб нишаст, ва қавм ба хаймаҳои худ гурехтанд.

22 Ва Адӯм аз зери дасти Яҳудо исьён бардошт, ки то имрӯз чунин аст. Дар он замон Либно низ исьён бардошт.

23 Ва бақияи аъмоли Еҳӯром, ва он чи ӯ кард, дар китоби вақоеъномаи подшоҳони Яҳудо навишта шудааст.

Фавти Еҳӯром.

Бар Яҳудо подшоҳ шудани Аҳазьёҳу.

24 Ва Еҳӯром бо падарони худ ҳобид, ва бо падарони худ дар шаҳри Довуд дафн карда шуд; ва писараш Аҳазьёҳу ба ҷои ӯ подшоҳ шуд.

25 Дар соли дувоздаҳуми Йӯром ибни Аҳъоб, подшоҳи Исроил, Аҳазьёҳу ибни Еҳӯром, подшоҳи Яҳудо, ба подшоҳӣ шурӯъ намуд.

26 Дар вақти подшоҳ шуданаш Аҳазьёҳу бисту дусола буд, ва ӯ як сол дар Ерусалим подшоҳӣ кард. Ва номи модараш Атальё бинти Омрӣ, подшоҳи Исроил, буд.

27 Ва ӯ бо роҳи хонадони Аҳъоб рафтор намуд, ва он чи дар назари Худованд бад буд, мисли хонадони Аҳъоб ба амал овард, зеро ки домоди хонадони Аҳъоб буд.

28 Ва бо Йӯром ибни Аҳъоб ба ҷанги зидди Ҳазоил, подшоҳи Арам, ба Ромӯт‐Ҷилъод равона шуд; ва арамиён Йӯромро захмдор карданд.

29 Ва подшоҳ Йӯром ба Изреъил баргашт, то аз захмҳое ки арамиён ба ӯ дар Ромо расонида буданд, вақте ки бо Ҳазоил, подшоҳи Арам, ҷангида буд, шифо ёбад. Ва Аҳазьёҳу ибни Еҳӯром, подшоҳи Яҳудо, барои дидани Йӯром ибни Аҳъоб ба Изреъил фурӯд омад, чунки вай бемор буд.

9

БОБИ НӮҲУМ

Еҳу ба подшоҳӣ тадҳин карда шуд.

1 Ва Элишои набӣ якеро аз банӣ‐анбиё хонда, ба вай гуфт: «Камари худро бибанд, ва ин зарфи равғанро ба дасти худ гирифта, ба Ромӯт‐Ҷилъод бирав.

2 Ва ба он ҷо расида, Еҳу ибни Еҳӯшофот ибни Нимширо дар он ҷо хоҳӣ дид; ва омада, ӯро аз миёни бародаронаш бархезон, ва ӯро ба ҳуҷраи дарунӣ дохил намо.

3 Ва зарфи равғанро гирифта, бар сари ӯ бирез, ва бигӯ: „Худованд чунин мегӯяд: туро тадҳин намудам, то ки бар Исроил подшоҳ бошӣ“. Ва дарро кушода, бигрез, ва интизор нашав».

4 Ва он амрад, ки набии ҷавон буд, ба Ромӯт‐Ҷилъод равона шуд.

5 Ва ҳангоме ки ба он ҷо расид, инак, сардорони лашкар нишастаанд, ва ӯ гуфт: «Эй сардор, ба ту сухане дорам». Ва Еҳу гуфт: «Ба кадоме аз моён?» Ва ӯ гуфт: «Ба ту, эй сардор».

6 Вай бархоста, ба хона дохил шуд, ва ӯ равғанро ба сари вай рехта, ба вай гуфт: «Худованд Худои Исроил чунин мегӯяд: Ман туро тадҳин намудам, то ки бар қавми Худованд, бар Исроил подшоҳ бошӣ;

7 Ва ту хонадони оғои худ Аҳъобро нест хоҳӣ кард, то ки Ман интиқоми хуни бандагони анбиё ва хуни ҳамаи бандагони Худовандро аз дасти Изобал бигирам;

8 Ва тамоми хонадони Аҳъоб ба ҳалокат хоҳанд расид, ва Ман аз Аҳъоб ҳар наринаро, хоҳ бандӣ ва хоҳ озод дар Исроил бошад, маҳв хоҳам кард;

9 Ва хонадони Аҳъобро мисли хонадони Ёробъом ибни Набот ва мисли хонадони Баъшо ибни Аҳиё хоҳам гардонид;

10 Ва Изобалро сагон дар саҳрои Изреъил хоҳанд хӯрд, ва дафнкунандае нахоҳад буд». Ва ӯ дарро кушода, гурехт.

11 Ва Еҳу назди навкарони оғои худ баромад, ва касе ба ӯ гуфт: «Оё саломатист? Ин девона барои чӣ назди ту омадааст?» Ва ӯ ба онҳо гуфт: «Шумо ин одам ва нутқашро медонед».

12 Ва онҳо гуфтанд: «Ин дурӯғ аст; лутфан, ба мо бигӯ!» Ва ӯ гуфт: «Вай чунин ва чунон ба ман сухан ронда, гуфт: „Худованд чунин мегӯяд: Ман туро тадҳин намудам, то ки бар Исроил подшоҳ бошӣ“».

13 Ва онҳо шитоб намуда, ҳар яке либоси худро дар таги ӯ бар баландии зинапоя гузоштанд, ва шох навохта, гуфтанд: «Еҳу подшоҳ шуд!»

Еҳу Йӯромро мекушад.

14 Ва Еҳу ибни Еҳӯшофот ибни Нимшӣ бар Йӯром суиқасд кард; ва Йӯром бо тамоми Исроил Ромӯт‐Ҷилъодро аз Ҳазоил, подшоҳи Арам, нигаҳбонӣ менамуд.

15 Вале подшоҳ Йӯром ба Изреъил баргашта буд, то аз захмҳое ки арамиён ба ӯ расонида буданд, вақте ки бо Ҳазоил, подшоҳи Арам меҷангид, шифо ёбад. Ва Еҳу гуфт: «Агар дили шумо ин аст, бигзор ҳеҷ кас аз шаҳр берун набарояд, то ки ба Изреъил рафта хабар диҳад».

16 Ва Еҳу ба асп савор шуда, ба Изреъил рафт, чунки Йӯром дар он ҷо хобида буд; ва Аҳазьёҳу, подшоҳи Яҳудо, барои дидани Йӯром омада буд.

17 Ва дидбоне бар бурҷи Изреъил истода буд, ва издиҳоми Еҳуро дар вақти омадани вай дида, гуфт: «Ман издиҳоме мебинам». Ва Йӯром гуфт: «Савореро гирифта, ба истиқболи онҳо бифирист, то ки бипурсад: „Оё саломатист?“»

18 Ва аспсавор ба истиқболи ӯ рафта, гуфт: «Подшоҳ чунин мегӯяд: „Оё саломатист?“» Ва Еҳу гуфт: «Туро бо саломатӣ чӣ кор аст? Аз қафои ман биё!» Ва дидбон хабар дода, гуфт: «Қосид назди онҳо расид, вале барнагашт».

19 Ва аспсавори дуюмро фиристод, ва ӯ назди онҳо омада, гуфт: «Подшоҳ чунин мегӯяд: „Оё саломатист?“» Ва Еҳу гуфт: «Туро бо саломатӣ чӣ кор аст? Аз қафои ман биё!»

20 Ва дидбон хабар дода, гуфт: «Вай назди онҳо расид, вале барнагашт; ва аспронӣ ба аспронии Еҳу ибни Нимшӣ монанд аст, зеро ки вай бошиддат асп меронад».

21 Ва Йӯром гуфт: «Бибанд!» Ва аробаи ӯро бастанд. Ва Йӯром, подшоҳи Исроил, ва Аҳазьёҳу, подшоҳи Яҳудо, ҳар яке бар аробаи худ берун рафтанд; ва ба истиқболи Еҳу берун рафта, дар қитъаи Нобӯти изреъилӣ бо ӯ вохӯрданд.

22 Ва ҳангоме ки Йӯром Еҳуро дид, гуфт: «Эй Еҳу, оё саломатист?» Ва ӯ гуфт: «Чӣ гуна саломатӣ хоҳад буд, дар сурате ки зинокориҳои модарат Изобал ва ҷодугариҳои вай ин қадар бисьёр аст?»

23 Ва Йӯром дастҳояшро гардонида, рӯ ба гурез овард, ва ба Аҳазьёҳу гуфт: «Эй Аҳазьёҳу, хиёнат аст!»

24 Ва Еҳу дасташро бар камон гузошта, Йӯромро дар миёни шонаҳои китфаш тир зад, ва тир аз дилаш гузашта берун омад, ва ӯ дар аробаи худ афтод.

25 Ва Еҳу ба саркардаи худ Бидқар гуфт: «Варо бардошта, дар қитъаи замини Нобӯти изреъилӣ бипарто, ва ба ёд овар, ки чӣ гуна ман ва ту бо ҷуфтҳои саворон аз қафои падари вай Аҳъоб равона будем, ва чӣ гуна ҳамон Худованд дар ҳаққи вай ин ваҳйро ба забон ронда буд:

26 „Ба ростӣ, хуни Нобӯт ва хуни писаронашро Ман дирӯз дидам, — мегӯяд Худованд, — ва дар ин қитъаи замин ба ту подош хоҳам дод, — мегӯяд Худованд“. Ва алҳол варо бардошта, бар тибқи каломи Худованд, дар ин қитъа бипарто».

Қатли Аҳазьёҳу.

27 Ва Аҳазьёҳу, подшоҳи Яҳудо, инро дида, бо роҳи Байт‐Ҳаҷан рӯ ба гурез овард; ва Еҳу ӯро таъқиб намуда, гуфт: «Ӯро низ бизанед!» Ва ӯро дар аробааш бар тали Ҷур, ки назди Иблеом аст, захмдор карданд, ва ӯ то Маҷиддӯ гурехта, дар он ҷо мурд.

28 Ва навкаронаш ӯро бо ароба ба Ерусалим оварданд; ва ӯро дар мақбараи худаш бо падаронаш дар шаҳри Довуд дафн карданд.

29 Ва дар соли ёхдаҳуми Йӯром ибни Аҳъоб Аҳазьёҳу бар Яҳудо подшоҳ шуд.

Қатли Изобал.

30 Ва Еҳу ба Изреъил омад. Ва Изобал инро шунида, ба чашмонаш сурма кашид, ва сари худро зинат дода, аз тиреза нигарист.

31 Ва ҳангоме ки Еҳу ба дарвоза дохил шуд, вай гуфт: «Оё туро, эй Зимрии кушандаи оғои худ, саломатӣ хоҳад буд?»

32 Ва ӯ рӯи худро сӯи тиреза бардошта, гуфт: «Кист, ки пайрави ман бошад, кист?» Ва ду‐се нафар аз хоҷасароён сӯи ӯ нигаристанд.

33 Ва ӯ гуфт: «Варо берун партоед!» Ва онҳо варо берун партофтанд. Ва хуни вай бар девор ва бар аспон пош хӯрд, ва ӯ варо лагадкӯб кард.

34 Ва ӯ даромада, хӯрд ва нӯшид; ва гуфт: «Ба он лаънатӣ таваҷҷӯҳ намуда, варо дафн кунед, чунки вай духтари подшоҳ аст».

35 Ва барои дафн карданаш рафтанд, вале ғайр аз косаи сар, ва пойҳо, ва кафҳои даст, чизе аз вай наёфтанд.

36 Ва баргашта, ба ӯ хабар доданд, ва ӯ гуфт: «Ин каломи Худованд аст, ки ба воситаи бандаи худ Ильёси тишбӣ сухан ронда, гуфтааст: „Дар қитъаи замини Изреъил сагон гӯшти Изобалро хоҳанд хӯрд“».

37 Ва лошаи Изобал бар рӯи саҳро, дар қитъаи Изреъил, мисли саргин гардида буд, ба тавре ки касе наметавонист бигӯяд: «Ин Изобал аст».

10

БОБИ ДАҲУМ

Доварӣ бар хонадони Аҳъоб.

1 Ва Аҳъоб дар Сомария ҳафтод писар дошт. Ва Еҳу мактубҳо навишта, ба Сомария ба сарварони Изреъил, ба пирон ва мураббиёни банӣ‐Аҳъоб фиристода, гуфт:

2 «Ва алҳол, вақте ки ин мактуб ба шумо бирасад, — дар сурате ки писарони оғои шумо бо шумо мебошанд, ва аробаҳо ва аспон ва шаҳри ҳисордор ва аслиҳа бо шумост, —

3 Шумо беҳтарин ва муносибтарин писари оғои худро интихоб намуда, бар тахти падараш биншонед, ва барои хонадони оғои худ биҷангед».

4 Вале онҳо ниҳоятдараҷа ҳаросон шуда, гуфтанд: «Инак, ду подшоҳ натавонистанд пеши ӯ истодагӣ кунанд, — пас мо чӣ гуна истодагӣ хоҳем кард?»

5 Ва нозири хона, ва сардори шаҳр, ва пирон, ва мураббиён фиристода, гуфтанд: «Мо бандагони ту ҳастем, ва ҳар чи ба мо амр фармоӣ, ба ҷо хоҳем овард. Мо ҳеҷ касро подшоҳ нахоҳем кард; он чи дар назарат писанд бошад, бикун».

6 Ва ӯ бори дуюм ба онҳо мактуб навишта, гуфт: «Агар шумо бо ман буда, ба овози ман итоат мекарда бошед, каллаҳои писарони оғои худро бигиред ва фардо дар ҳамин вақт назди ман ба Изреъил биёед». Ва писарони подшоҳ ҳафтод нафар буданд, ки онҳоро бузургони шаҳр тарбият менамуданд.

7 Ва ҳангоме ки мактуб ба онҳо расид, онҳо писарони подшоҳро гирифтанд, ва ҳафтод нафарро куштанд, ва каллаҳои онҳоро дар сабадҳо гузошта, назди ӯ ба Изреъил фиристоданд.

8 Ва қосиде омад ва ба ӯ хабар дода, гуфт: «Каллаҳои писарони подшоҳро оварданд». Ва ӯ гуфт: «Онҳоро ду ғарам карда, дар даҳани дарвоза то субҳ бимонед».

9 Ва субҳидам ӯ берун омада, истод ва ба тамоми қавм гуфт: «Шумо одил ҳастед! Инак, ман ба муқобили оғои худ суиқасд намуда, ӯро куштам, — вале кист, ки ҳамаи инҳоро куштааст?

10 Пас, бидонед, ки аз каломи Худованд, ки Худованд дар бораи хонадони Аҳъоб ба забон рондааст, ҳарфе бар замин нахоҳад афтод, ва Худованд он чиро, ки ба воситаи бандаи худ Ильёс гуфта буд, ба амал овард».

11 Ва Еҳу ҳамаи боқимондагони хонадони Аҳъобро, ки дар Изреъил буданд, ва ҳамаи бузургонаш ва муқаррабонаш ва коҳинонашро кушт, ба тавре ки касе барои ӯ боқӣ намонд.

Қатли сарварони Яҳудо.

12 Ва бархоста, равона шуд ва ба Сомария омад. Вақте ки дар роҳ ба Байт‐Ақди чӯпонон расид,

13 Еҳу ба бародарони Аҳазьёҳу, подшоҳи Яҳудо, дучор омада, гуфт: «Шумо кистед?» Гуфтанд: «Мо бародарони Аҳазьёҳу ҳастем, ва барои хабар гирифтан аз саломатии писарони подшоҳ ва писарони малика меравем».

14 Ва ӯ гуфт: «Инҳоро зинда дастгир кунед!» Ва онҳоро зинда дастгир карданд, ва онҳоро, ки чилу ду нафар буданд, назди чоҳи Байт‐Ақд куштанд, ва аз онҳо касе боқӣ намонд.

15 Ва аз он ҷо равона шуда, бо Еҳӯнодоб ибни Рикоб, ки ба истиқболи ӯ меомад, вохӯрд, ва ӯро табрик намуда, гуфт: «Оё дили ту рост аст, чунон ки дили ман бо дили туст?» Ва Еҳӯнодоб гуфт: «Оре». Гуфт: «Ин тавр бошад, дастатро бидеҳ». Вай дасти худро дод, ва ӯ варо назди худ ба ароба баровард.

16 Ва гуфт: «Ҳамроҳи ман биё ва рашки маро, ки барои Худованд дорам, бубин». Ва варо ба аробаи ӯ савор карданд.

17 Ва ҳангоме ки ӯ ба Сомария расид, ҳамаи боқимондагони Аҳъобро, ки дар Сомария буданд, кушт, ба тавре ки тамоман ӯро маҳв кард, бар тибқи каломи Худованд, ки ба Ильёс гуфта буд.

18 Ва Еҳу тамоми қавмро ҷамъ карда, ба онҳо гуфт: «Аҳъоб Баалро кам парастиш кард, — Еҳу варо бисьёр парастиш хоҳад кард.

Еҳу бутпарастиро дар Исроил решакан мекунад.

19 Ва алҳол тамоми анбиёи Баал, ҳамаи хизматгузоронаш ва ҳамаи коҳинонашро назди ман даъват намоед, ба тавре ки касе ғоиб набошад, зеро ки ман забҳи бузурге барои Баал хоҳам кард. Ҳар касе ки ғоиб бошад, зинда нахоҳад монд». Ва Еҳу инро бо найранг ба амал овард, то ки хизматгузорони Баалро ба ҳалокат расонад.

20 Ва Еҳу гуфт: «Маҷлиси идона барои Баал эълон намоед!» Ва онро эълон карданд.

21 Ва Еҳу ба тамоми Исроил фиристод, ва ҳамаи хизматгузорони Баал омаданд, ва касе намонд, ки наомада бошад; ва онҳо ба хонаи Баал даромаданд, ва хонаи Баал сар то сар пур шуд.

22 Ва ӯ ба нозири ҳуҷраи либос гуфт: «Барои ҳамаи хизматгузорони Баал либос барор». Вай барои онҳо либос баровард.

23 Ва Еҳу бо Еҳӯнодоб ибни Рикоб ба хонаи Баал дохил шуд, ва ба хизматгузорони Баал гуфт: «Тафтиш кунед ва бубинед, ки касе аз бандагони Худованд дар ин ҷо бо шумо набошад, балки танҳо хизматгузорони Баал бошанд».

24 Ва онҳо ба тақдим намудани забҳҳо ва қурбониҳои сӯхтанӣ шурӯъ карданд. Ва Еҳу барои худ дар берун ҳаштод касро гузошта, гуфт: «Агар аз касоне ки ман ба дасти шумо бисупорам, як нафар раҳоӣ ёбад, ҷонатон ба ҷои ҷони вай хоҳад буд».

25 Ва ҳангоме ки тақдим кардани қурбониҳои сӯхтанӣ ба анҷом расид, Еҳу ба шотирон ва саркардагон гуфт: «Даромада, онҳоро бикушед, ва як нафар ҳам берун наояд!» Ва онҳоро ба дами шамшер куштанд; ва шотирон ва саркардагон онҳоро бароварда партофтанд, ва ба шаҳр, андаруни хонаи Баал баргаштанд.

26 Ва сутунҳои хонаи Баалро берун оварда, сӯзониданд.

27 Ва ҳайкали Баалро шикастанд; ва хонаи Баалро хароб карданд, ва онро ба ахлотҷой табдил доданд, ки то имрӯз чунин аст.

28 Ва Еҳу Баалро аз Исроил нест кард.

29 Аммо Еҳу аз гуноҳҳои Ёробъом ибни Набот, ки Исроилро гирифтори гуноҳ гардонида буд, яъне аз гӯсолаҳои тилло, ки дар Байт‐Ил ва дар Дон буд, дур нашуд.

30 Ва Худованд ба Еҳу гуфт: «Азбаски ту он чиро, ки дар назари Ман мақбул буд, нағз иҷро кардӣ, ва ҳар чиро, ки дар дили Ман буд, дар ҳаққи хонадони Аҳъоб ба амал овардӣ, бинобар ин писаронат то насли чорум бар тахти Исроил хоҳанд нишаст».

31 Валекин Еҳу саъю кӯшиш накард, ки шариати Худованд Худои Исроилро бо тамоми дили худ пайравӣ намояд: ӯ аз гуноҳҳои Ёробъом, ки Исроилро гирифтори гуноҳ гардонида буд, дур нашуд.

Таназзули иқтидори Исроил ва фавти Еҳу.

32 Дар он айём Худованд ба қатъ кардани Исроил шурӯъ намуд; ва Ҳазоил онҳоро дар тамоми ҳудуди Исроил зарба мезад:

33 Аз Урдун ба тарафи тулӯи офтоб, тамоми замини Ҷилъод: ҷодиён ва реубениён ва менашшеиёнро, аз Арӯэр, ки бар наҳри Арнӯн аст, ва Ҷилъод ва Бошон.

34 Ва бақияи аъмоли Еҳу, ва ҳар чи ӯ кард, ва тамоми корнамоии ӯ дар китоби вақоеъномаи подшоҳони Исроил навишта шудааст.

35 Ва Еҳу бо падарони худ хобид, ва ӯро дар Сомария дафн карданд; ва писараш Еҳӯоҳоз ба ҷои ӯ подшоҳ шуд.

36 Ва айёме ки Еҳу бар Исроил дар Сомария подшоҳӣ кард, бисту ҳашт сол буд.

11

БОБИ ЁЗДАҲУМ

Ҳалокати насли подшоҳ; танҳо Еҳӯош раҳоӣ ёфт.

1 Ва Атальё, модари Аҳазьёҳу, чун дид, ки писараш мурд, бархоста, тамоми насли подшоҳро несту нобуд кард.

2 Вале Еҳӯшобаъ, духтари подшоҳ Еҳӯром, ки хоҳари Аҳазьёҳу буд, Еҳӯош ибни Аҳазьёҳуро гирифт, ва ӯро аз миёни писарони подшоҳ, ки кушта шуданд, дуздида, ӯро бо ширдораш ба хонаи хобгоҳ бурд, ва ӯро аз Атальё пинҳон карданд, ва ӯ кушта нашуд.

3 Ва ӯ бо вай дар хонаи Худованд шаш сол пинҳон буд, дар сурате ки Атальё бар мамлакат подшоҳӣ мекард.

4 Ва дар соли ҳафтум Еҳӯёдоъ фиристода, мирисадҳои каритиён ва шотиронро гирифт, ва онҳоро назди худ ба хонаи Худованд оварда, бо онҳо аҳд баст, ва онҳоро дар хонаи Худованд қасам дода, писари подшоҳро ба онҳо нишон дод.

5 Ва ба онҳо амр фармуда, гуфт: «Ин аст коре ки шумо бояд ба ҷо оваред: сеяки шумо, яъне онҳое ки дар шанбе меоянд, назди хонаи подшоҳ посбонӣ хоҳед кард;

6 Ва сеяки шумо — назди дарвозаи Сур; ва сеяки шумо — назди дарвозаи шотирон; ва посбонии хонаро навбат ба навбат ба амал хоҳед овард.

7 Ва ду қисми шумо, яъне ҳамаи онҳое ки дар шанбе берун мераванд, назди хонаи Худованд аз барои подшоҳ посбонӣ хоҳед кард.

8 Ва подшоҳро аз ҳар тараф иҳота намоед, дар ҳолате ки ҳар якеро аслиҳааш дар дасташ бошад, ва ҳар касе ки аз миёни сафҳои шумо зада дарояд, бояд кушта шавад; ва ҳангоме ки подшоҳ берун меравад ва дохил мешавад, шумо назди ӯ хоҳед буд».

9 Ва мирисадҳо ҳар он чи Еҳӯёдои коҳин амр фармуд, ба ҷо оварданд, ва ҳар яке одамони худро, — ҳам онҳоеро, ки дар шанбе меоянд, ва ҳам онҳоеро, ки дар шанбе берун мераванд, — гирифта, назди Еҳӯёдои коҳин омаданд.

10 Ва коҳин найзаҳо ва сипарҳои подшоҳ Довудро, ки дар хонаи Худованд буд, ба мирисадҳо дод.

11 Ва шотирон, ҳар яке аслиҳааш дар дасташ, аз тарафи рости хона то тарафи чапи хона, назди қурбонгоҳ ва назди хона, гирдогирди подшоҳ истоданд.

12 Ва ӯ писари подшоҳро берун оварда, тоҷ ва шаҳодат бар ӯ гузошт, ва ӯро подшоҳ карда, тадҳин намуданд, ва қарсак зада, гуфтанд: «Зинда бод подшоҳ!»

Қатли Атальё.

13 Ва Атальё овози қавми давандаро шунида, назди қавм ба хонаи Худованд омад.

14 Ва дид, ки инак, подшоҳ, аз рӯи таомул, бар минбар истодааст, ва сарварон ва карнайҳо назди подшоҳ мебошанд, ва тамоми қавми мамлакат шодӣ мекунанд ва карнай менавозанд. Ва Атальё либосашро чок зада, дод гуфт: «Суиқасд! Суиқасд!»

15 Ва Еҳӯёдои коҳин ба мирисадҳо, ки сардорони қӯшун буданд, амр фармуд: «Варо ба миёни сафҳо берун оваред, ва ҳар касеро, ки аз ақиби вай биравад, бо шамшер бикушед!» Зеро коҳин гуфта буд, ки вай дар хонаи Худованд кушта нашавад.

16 Ва ба вай роҳ доданд, ва аз роҳе ки аспон ба хонаи подшоҳ дохил мешуданд, гузашта рафт, ва дар он ҷо кушта шуд.

17 Ва Еҳӯёдоъ дар миёни Худованд ва подшоҳ ва қавм аҳд баст, то ки қавми Худованд бошанд, ва ҳамчунин дар миёни подшоҳ ва қавм.

18 Ва тамоми қавми мамлакат ба хонаи Баал омада, онро хароб карданд, қурбонгоҳҳо ва бутҳояшро тамоман шикастанд, ва Маттонро, ки коҳини Баал буд, пеши қурбонгоҳҳо куштанд. Ва коҳин навбатдоронро бар хонаи Худованд таъин намуд.

19 Ва мирисадҳо, ва каритиён ва шотирон ва тамоми қавми мамлакатро гирифт, ва онҳо подшоҳро аз хонаи Худованд фурӯд оварданд, ва бо роҳи дарвозаи шотирон ба хонаи подшоҳ дохил шуданд; ва ӯ бар тахти подшоҳон биншаст.

20 Ва тамоми қавми мамлакат шодӣ карданд, ва шаҳр ором ёфт. Ва Атальёро дар хонаи подшоҳ бо шамшер куштанд.

21 Дар вақти подшоҳ шуданаш Еҳӯош ҳафтсола буд.

12

БОБИ ДУВОЗДАҲУМ

Подшоҳии Еҳӯош.

1 Дар соли ҳафтуми Еҳу Еҳӯош подшоҳ шуд, ва чил сол дар Ерусалим подшоҳӣ кард. Ва номи модараш Сивьё, аз Беэр‐Шобаъ, буд.

2 Ва Еҳӯош он чиро, ки дар назари Худованд мақбул буд, ба амал овард, то даме ки Еҳӯёдои коҳин ӯро таълим медод.

3 Аммо баландиҳо ботил карда нашуд: қавм ҳанӯз бар баландиҳо қурбонӣ мекарданд ва бухур месӯзониданд.

4 Ва Еҳӯош ба коҳинон гуфт: «Тамоми нуқраи вақфро, ки ба хонаи Худованд оварда мешавад, чунончи: нуқраи саршуморӣ, нуқраи назри касе мувофиқи қимати нуфус, ҳар нуқрае ки касе ба дилхоҳи худ ба хонаи Худованд меоварад, —

5 Коҳинон, ҳар яке аз шиноси худ, бигиранд, ва рахнаҳои хонаро, дар ҳар ҷое ки рахна ёфт шавад, таъмир намоянд».

6 Вале, азбаски то соли бисту сеюми подшоҳ Еҳӯош коҳинон рахнаҳои хонаро таъмир накарда буданд,

7 Подшоҳ Еҳӯош Еҳӯёдои коҳин ва коҳинонро даъват намуда, ба онҳо гуфт: «Чаро шумо рахнаҳои хонаро таъмир намекунед? Ва алҳол нуқраро аз шиносҳои худ нагиред, балки онро барои рахнаҳои хона бидиҳед».

8 Ва коҳинон розӣ шуданд, ки на нуқраро аз қавм бигиранд, ва на рахнаҳои хонаро таъмир намоянд.

Таъмири хонаи Худованд.

9 Ва Еҳӯёдои коҳин сандуқе гирифта, сӯрохе дар сарпӯши он кард, ва онро назди қурбонгоҳ, аз тарафи рост, дар сари роҳе ки мардум ба хонаи Худованд медаромаданд, гузошт, ва коҳинони остонабон тамоми нуқраеро, ки ба хонаи Худованд оварда мешуд, дар он меандохтанд.

10 Ва чун медиданд, ки дар сандуқ нуқра бисьёр шудааст, котиби подшоҳ ва саркоҳин омада, нуқраи дар хонаи Худованд ёфтшударо дар ҳамьёнҳо меандохтанд ва мешумурданд.

11 Ва нуқраи шумурдашударо ба дасти саркороне ки бар хонаи Худованд таъин шуда буданд, месупурданд, ва онҳо онро ба дуредгарон ва бинокороне ки дар хонаи Худованд кор мекарданд, сарф менамуданд,

12 Ва ҳамчунин ба гилкорон ва сангтарошон, ва барои харидани чӯбу тахта ва сангҳои тарошидашуда аз баҳри таъмири рахнаҳои хонаи Худованд, ва ба ҳар чизе ки барои таъмири хона сарф мешуд.

13 Аммо аз нуқрае ки ба хонаи Худованд меоварданд, барои хонаи Худованд тосҳои нуқра, оташгиракҳо, косаҳо, карнайҳо, ҳар навъ зарфи тилло ва зарфи нуқра сохта нашуд,

14 Балки онро ба саркорон медоданд, то ки хонаи Худовандро бо он таъмир намоянд.

15 Ва аз касоне ки нуқраро ба дасташон месупурданд, то ки ба саркорон бидиҳанд, ҳисобот талаб намекарданд, зеро ки онҳо аз рӯи виҷдон амал мекарданд.

16 Нуқраи қурбонии ҷурм ва нуқраи қурбонии гуноҳҳо ба хонаи Худованд дахл карда намешуд; он аз они коҳинон буд.

Арамиён Ҷатро забт мекунанд. Фавти Еҳӯош.

17 Он гоҳ Ҳазоил, подшоҳи Арам, лашкар кашида, бо Ҷат ҷанг кард ва онро забт намуд; ва Ҳазоил ният дошт, ки ба Ерусалим лашкар кашад.

18 Вале Еҳӯош, подшоҳи Яҳудо, ҳамаи чизҳои вақфшударо, ки падаронаш Еҳӯшофот ва Еҳӯром ва Аҳазьёҳу, подшоҳони Яҳудо, вақф карда буданд, ва чизҳои вақфкардаи худаш, ва тамоми тиллоеро, ки дар хазоини хонаи Худованд ва хонаи подшоҳ ёфт шуд, гирифта, ба Ҳазоил, подшоҳи Арам, фиристод, ва ӯ аз Ерусалим ақиб гашт.

19 Ва бақияи аъмоли Еҳӯош, ва ҳар чи ӯ кард, дар китоби вақоеъномаи подшоҳони Яҳудо навишта шудааст.

20 Ва навкаронаш қиём намуда, суиқасд карданд, ва Еҳӯошро дар Байт‐Миллӯ, дар роҳе ки сӯи Силло мефурояд, куштанд.

21 Ва навкаронаш Юзохор ибни Шимъот ва Юзобод ибни Шӯмер ӯро зарба заданд, ва ӯ мурд; ва ӯро бо падаронаш дар шаҳри Довуд дафн карданд; ва писараш Амасьё ба ҷои ӯ подшоҳ шуд.

13

БОБИ СЕЗДАҲУМ

Бар Исроил подшоҳ шудани Еҳӯоҳоз.

1 Дар соли бисту сеюми Еҳӯош ибни Аҳазьёҳу, подшоҳи Яҳудо, Еҳӯоҳоз ибни Еҳу бар Исроил дар Сомария подшоҳ шуда, ҳафдаҳ сол подшоҳӣ кард.

2 Ва он чи дар назари Худованд бад буд, ба амал овард; ва аз паи гуноҳҳои Ёробъом ибни Набот, ки Исроилро гирифтори гуноҳ гардонида буд, рафта, аз онҳо дур нашуд.

3 Ва ғазаби Худованд бар Исроил аланга зад, ва онҳоро ба дасти Ҳазоил, подшоҳи Арам, ва ба дасти Бин‐Ҳадад ибни Ҳазоил ба тамоми айём супурд.

4 Ва Еҳӯоҳоз пеши Худованд тазаррӯъ кард, ва Худованд ӯро иҷобат намуд, зеро ки аҳволи табоҳи Исроилро дид, ки онҳоро подшоҳи Арам ба танг меовард.

5 Ва Худованд раҳокунандае ба Исроил дод, ва онҳо аз зери дасти Арам берун омаданд, ва банӣ‐Исроил дар хаймаҳои худ мисли дирӯз ва парирӯз сокин шуданд.

6 Аммо аз гуноҳҳои хонадони Ёробъом, ки Исроилро гирифтори гуноҳ гардонида буд, дур нашуданд: аз паи онҳо рафтанд; Ашера низ дар Сомария истода буд.

7 Ва аз сипоҳи Еҳӯоҳоз фақат панҷоҳ савора, даҳ ароба ва даҳ ҳазор пиёда боқӣ монда буд, зеро ки подшоҳи Арам онҳоро ба ҳалокат расонида, мисли ғуборе поймол карда буд.

Фавти Еҳӯоҳоз.

8 Ва бақияи аъмоли Еҳӯоҳоз, ва ҳар чи ӯ кард, ва корнамоие ки нишон дод, дар китоби вақоеъномаи подшоҳони Исроил навишта шудааст.

9 Ва Еҳӯоҳоз бо падарони худ хобид, ва ӯро дар Сомария дафн карданд. Ва писараш Юош ба ҷои ӯ подшоҳ шуд.

Подшоҳ шудани Юош.

10 Дар соли сию ҳафтуми Еҳӯош, подшоҳи Яҳудо, Юош ибни Еҳӯоҳоз бар Исроил дар Сомария подшоҳ шуда, шонздаҳ сол подшоҳӣ кард.

11 Ва он чи дар назари Худованд бад буд, ба амал овард, аз ҳамаи гуноҳҳои Ёробъом ибни Набот, ки Исроилро гирифтори гуноҳ гардонида буд, дур нашуд, балки дар онҳо рафтор кард.

12 Ва бақияи аъмоли Юош, ва ҳар чи ӯ кард, ва корнамоии ӯ, ки бо Амасьё, подшоҳи Яҳудо, ҷанг карда буд, дар китоби вақоеъномаи подшоҳони Исроил навишта шудааст.

13 Ва Юош бо падарони худ хобид, ва Ёробъом бар тахти ӯ нишаст. Ва Юош дар Сомария, бо подшоҳони Исроил дафн карда шуд.

Бемории Элишоъ. Подшоҳ Юош назди ӯ меояд.

14 Ва Элишоъ ба беморие ки аз он мурд, гирифтор шуд; ва Юош, подшоҳи Исроил, назди ӯ фурӯд омада, ба ҳоли ӯ гирья кард, ва гуфт: «Эй падарам, эй падарам! Эй аробаи Исроил ва саворонаш!»

15 Ва Элишоъ ба ӯ гуфт: «Камон ва тирҳоро бигир». Ва ӯ барои худ камон ва тирҳоро гирифт.

16 Ва ба подшоҳи Исроил гуфт: «Дастатро бар камон бимон». Ва ӯ дасташро монд. Ва Элишоъ дасти худро бар дастҳои подшоҳ монд,

17 Ва гуфт: «Тирезаро ба тарафи шарқ яла кун». Ва ӯ яла кард. Ва Элишоъ гуфт: «Тир биандоз!» Ва ӯ тир андохт. Гуфт: «Ин тири наҷот аз ҷониби Худованд аст, яъне тири наҷот аз дасти Арам аст, ва ту арамиёнро дар Афиқ ба таври қатъӣ мағлуб хоҳӣ кард».

18 Ва гуфт: «Тирҳоро бигир». Ва ӯ гирифт. Ва ба подшоҳи Исроил гуфт: «Заминро бизан». Ва ӯ се карат зада, бозистод.

19 Ва марди Худо бар ӯ хашм намуда, гуфт: «Мебоист панҷ ё шаш карат мезадӣ, он гоҳ арамиёнро ба таври қатъӣ мағлуб мекардӣ, ва алҳол ба арамиён се карат шикаст хоҳӣ расонид».

Фавти Элишоъ.

20 Ва Элишоъ мурд, ва ӯро дафн карданд. Ва фавҷҳои Мӯоб дар аввали сол ба мамлакат даромаданд.

21 Ва чунин воқеъ шуд, ки мардум касеро дафн мекарданд, ва инак, фавҷеро диданд, ва мурдаро бар қабри Элишоъ партофтанд, ва мурда ғелида, ба устухонҳои Элишоъ расид, ва зинда шуда, ба поҳои худ бархост.

22 Ва Ҳазоил, подшоҳи Арам, исроилиёнро дар тамоми айёми Еҳӯоҳоз ба танг меовард.

23 Вале Худованд ба онҳо илтифот ва раҳм карда, ба хотири аҳди худ, ки бо Иброҳим, Исҳоқ ва Яъқуб баста буд, ба онҳо таваҷҷӯҳ намуд, ва нахост онҳоро несту нобуд кунад, ва то ҳол онҳоро аз ҳузури худ дур наандохтааст.

24 Ва Ҳазоил, подшоҳи Арам, мурд, ва писараш Бин‐Ҳадад ба ҷои ӯ подшоҳ шуд.

25 Ва Юош ибни Еҳӯоҳоз шаҳрҳоеро, ки Ҳазоил аз дасти падараш Еҳӯоҳоз ҷанг карда гирифта буд, аз дасти Бин‐Ҳадад ибни Ҳазоил гардонида гирифт. Се карат Юош ба ӯ шикаст расонида, шаҳрҳои Исроилро баргардонид.

14

БОБИ ЧОРДАҲУМ

Амасьё бар Яҳудо подшоҳ мешавад. Ҷанг бо Исроил.

1 Дар соли дуюми Юош ибни Еҳӯоҳоз, подшоҳи Исроил, Амасьё ибни Еҳӯош, подшоҳи Яҳудо, подшоҳ шуд.

2 Дар вақти подшоҳ шуданаш ӯ бисту панҷсола буд, ва бисту нӯҳ сол дар Ерусалим подшоҳӣ кард. Ва номи модараш Еҳӯаддон, аз Ерусалим, буд.

3 Ва он чи дар назари Худованд мақбул буд, ба амал овард, аммо на ҳамчун падараш Довуд: ӯ аз ҳар ҷиҳат мисли он ки падараш Еҳӯош амал карда буд, амал кард.

4 Аммо баландиҳо барҳам дода нашуд: қавм ҳанӯз бар баландиҳо қурбонӣ мекарданд ва бухур месӯзониданд.

5 Ва ҳангоме ки салтанат дар дасташ мустаҳкам шуд, навкарони худро, ки падараш подшоҳро кушта буданд, ба қатл расонид.

6 Вале писарони кушандагонро накушт, бар тибқи навиштаи китоби Тавроти Мусо, ки дар он Худованд амр фармуда, гуфтааст: «Падарон барои гуноҳи писарон кушта нахоҳанд шуд, ва писарон барои гуноҳи падарон кушта нахоҳанд шуд, балки ҳар кас барои гуноҳи худаш кушта хоҳад шуд».

7 Ӯ даҳ ҳазор адӯмиёнро дар водии Намак кушт, ва Селаъро дар ҷанг забт намуда, ба он Ёқтеил ном дод, ки то имрӯз чунин аст.

8 Он гоҳ Амасьё қосидонро назди Юош ибни Еҳӯоҳоз ибни Еҳу, подшоҳи Исроил, фиристода, гуфт: «Биё, рӯ ба рӯ шавем».

9 Ва Юош, подшоҳи Исроил, ба Амасьё, подшоҳи Яҳудо, фиристода, гуфт: «Мушхоре ки дар Лубнон аст, ба арзе ки дар Лубнон аст, фиристода, гуфт: „Духтари худро ба писари ман ба занӣ бидеҳ“. Валекин ҳайвони даштие ки дар Лубнон аст, гузар карда, мушхорро поймол намуд.

10 Ту Адӯмро шикаст додӣ, ва дилат мағрур шудааст. Пас, иззати худро нигоҳ дошта, дар хонаи худ бимон. Чаро ту бадбахтиро иғво медиҳӣ, то ки худат фурӯ ғалтӣ, ва ҳамчунин Яҳудо ҳамроҳи ту?»

11 Вале Амасьё гӯш надод. Ва Юош, подшоҳи Исроил, баромад, ва ӯ ва Амасьё, подшоҳи Яҳудо, дар Байт‐Шемеш, ки дар Яҳудост, рӯ ба рӯ шуданд.

12 Ва аҳли Яҳудо пеши Исроил мағлуб гардида, ҳар яке ба хаймаҳои худ гурехта рафтанд.

13 Ва Юош, подшоҳи Исроил, Амасьё ибни Еҳӯош ибни Аҳазьёҳу, подшоҳи Яҳудоро дар Байт‐Шемеш дастгир намуд, ва ба Ерусалим омада, ҳисори Ерусалимро аз дарвозаи Эфроим то дарвозаи кунҷакӣ, ба андозаи чорсад зироъ хароб кард.

14 Ва тамоми тилло ва нуқра ва тамоми колоеро, ки дар хонаи Худованд ва дар хазоини хонаи подшоҳ ёфт шуд, ва гаравгононро гирифта, ба Сомария баргашт.

15 Ва бақияи аъмоле ки Юош кард, ва корнамоии ӯ, ва чӣ гуна ӯ бо Амасьё, подшоҳи Яҳудо, ҷангид, дар китоби вақоеъномаи подшоҳони Исроил навишта шудааст.

Ёробъом вориси Юош гардид. Фавти Амасьё.

16 Ва Юош бо падарони худ хобид, ва дар Сомария бо подшоҳони Исроил дафн карда шуд, ва писараш Ёробъом ба ҷои ӯ подшоҳ шуд.

17 Ва Амасьё ибни Еҳӯош, подшоҳи Яҳудо, баъд аз вафоти Юош ибни Еҳӯоҳоз, подшоҳи Исроил, понздаҳ сол зиндагӣ кард.

18 Ва бақияи аъмоли Амасьё дар китоби вақоеъномаи подшоҳони Яҳудо навишта шудааст.

19 Ва дар Ерусалим бар ӯ суиқасд карданд, ва ӯ ба Локиш гурехта рафт. Ва аз паси ӯ ба Локиш фиристода, дар он ҷо ӯро куштанд.

Азарьё вориси Амасьё гардид.

20 Ва ӯро бар аспон оварданд, ва дар Ерусалим ӯ бо падаронаш дар шаҳри Довуд дафн карда шуд.

21 Ва тамоми қавми Яҳудо Азарьёро, ки шонздаҳсола буд, гирифта, ба ҷои падараш Амасьё подшоҳ карданд.

22 Ӯ Эйлатро бино кард, ва баъд аз он ки подшоҳ бо падаронаш хобид, онро ба Яҳудо баргардонид.

Ёробъоми 2‐юм бар Исроил подшоҳ шуд.

23 Дар соли понздаҳуми Амасьё ибни Еҳӯош, подшоҳи Яҳудо, Ёробъом ибни Юош, подшоҳи Исроил, дар Сомария подшоҳ шуд, ва чилу як сол подшоҳӣ кард.

24 Ва он чи дар назари Худованд бад буд, ба амал овард: аз ҳамаи гуноҳҳои Ёробъом ибни Набот, ки Исроилро гирифтори гуноҳ гардонида буд, дур нашуд.

25 Ӯ ҳудуди Исроилро аз даромадгоҳи Ҳамот то баҳри Аробо аз нав барқарор кард, бар тибқи каломи Худованд Худои Исроил, ки ба воситаи бандаи худ Юнус ибни Амиттай, набие аз Ҷат‐Ҳефар, ба забон ронда буд.

26 Зеро Худованд мусибати Исроилро дид, ки бағоят талх аст, ба тавре ки на бандие мондааст, на озоде ва на мададгоре барои Исроил,

27 Ва Худованд аз зери осмон маҳв кардани номи Исроилро амр нафармуд, балки онҳоро ба воситаи Ёробъом ибни Юош наҷот дод.

28 Ва бақияи аъмоли Ёробъом, ва ҳар чи ӯ кард, ва корнамоии ӯ, ки ҷанг карда, Димишқ ва Ҳамотро аз тасарруфи Яҳудо ба Исроил баргардонида буд, дар китоби вақоеъномаи подшоҳони Исроил навишта шудааст.

29 Ва Ёробъом бо падарони худ, бо подшоҳони Исроил хобид, ва писараш Закарьё ба ҷои ӯ подшоҳ шуд.

15

БОБИ ПОНЗДАҲУМ

Подшоҳии Азарьё

1 Дар соли бисту ҳафтуми Ёробъом, подшоҳи Исроил, Азарьё ибни Амасьё, подшоҳи Яҳудо, подшоҳ шуд.

2 Дар вақти подшоҳ шуданаш ӯ шонздаҳсола буд, ва панҷоҳу ду сол дар Ерусалим подшоҳӣ кард; ва номи модараш Екольёҳу, аз Ерусалим, буд.

3 Ва он чи дар назари Худованд мақбул буд, ба амал овард, мисли ҳар он чи падараш Амасьё ба амал оварда буд.

4 Аммо баландиҳо барҳам дода нашуд: қавм ҳанӯз бар баландиҳо қурбонӣ мекарданд ва бухур месӯзониданд.

5 Ва Худованд подшоҳро ба бало гирифтор кард, ва ӯ то рӯзи фавташ махавӣ буд, ва дар махавхона сукунат дошт; ва Ютом, писари подшоҳ, бар хонаи ӯ буда, қавми мамлакатро доварӣ менамуд.

Фавти Азарьё ва подшоҳии Ютом.

6 Ва бақияи аъмоли Азарьё, ва ҳар чи ӯ кард, дар китоби вақоеъномаи подшоҳони Яҳудо навишта шудааст.

7 Ва Азарьё бо падаронаш хобид, ва ӯро бо падаронаш дар шаҳри Довуд дафн карданд; ва писараш Ютом ба ҷои ӯ подшоҳ шуд.

Подшоҳии Закарьё ва фавти ӯ.

8 Дар соли сию ҳаштуми Азарьё, подшоҳи Яҳудо, Закарьё ибни Ёробъом бар Исроил дар Сомария подшоҳ шуд, ва шаш моҳ подшоҳӣ кард.

9 Ва он чи дар назари Худованд бад буд, ба амал овард, мисли он ки падаронаш ба амал оварда буданд: аз гуноҳҳои Ёробъом ибни Набот, ки Исроилро гирифтори гуноҳ гардонида буд, дур нашуд.

10 Ва Шаллум ибни Ёбиш бар ӯ суиқасд карда, ӯро дар пеши назари қавм кушт, ва ба ҷои ӯ подшоҳ шуд.

11 Ва бақияи аъмоли Закарьё дар китоби вақоеъномаи подшоҳони Исроил навишта шудааст.

12 Чунин буд каломи Худованд, ки ба Еҳу ба забон ронда, гуфта буд: «Писаронат то насли чорум бар тахти Исроил хоҳанд нишаст». Ва ҳамин ба амал омад.

Подшоҳии Шаллум ва фавти ӯ.

13 Шаллум ибни Ёбиш дар соли сию нӯҳуми Узиё, подшоҳи Яҳудо, подшоҳ шуд, ва як моҳ дар Сомария подшоҳӣ кард.

14 Ва Менаҳем ибни Ҷодӣ аз Тирсо баромада, ба Сомария дохил шуд, ва Шаллум ибни Ёбишро дар Сомария зарба зад, ва ӯро кушта, ба ҷои ӯ подшоҳ шуд.

15 Ва бақияи аъмоли Шаллум, ва суиқасде ки ӯ кард, дар китоби вақоеъномаи подшоҳони Исроил навишта шудааст.

Подшоҳии Менаҳем.

16 Он гоҳ Менаҳем Тирсоро бо ҳар чи дар он буд, зарба зад, ва ҳудуди онро, аз Тифсаҳ сар карда, барои он ки ба ӯ дарвоза накушода буд, зарба зада, ҳомиладоронашро шикамчок кард.

17 Дар соли сию нӯҳуми Азарьё, подшоҳи Яҳудо, Менаҳем ибни Ҷодӣ бар Исроил подшоҳ шуда, даҳ сол дар Сомария подшоҳӣ кард.

18 Ва он чи дар назари Худованд бад буд, ба амал овард: аз гуноҳҳои Ёробъом ибни Набот, ки Исроилро гирифтори гуноҳ гардонида буд, тамоми айёми худ дур нашуд.

Тохтутози ашшуриён.

19 Фул, подшоҳи Ашшур, бар мамлакат тохт овард. Ва Менаҳем ба Фул ҳазор киккар нуқра дод, то ки дасти вай бо ӯ бошад, ва ӯ салтанатро дар дасти худ мустаҳкам кунад.

20 Ва Менаҳем ин нуқраро бар Исроил, бар ҳамаи амлокдорон гузошт, то ки ҳар яке аз онҳо панҷоҳ сиқл нуқра барои подшоҳи Ашшур бидиҳад. Ва подшоҳи Ашшур баргашт, ва дар он ҷо дар мамлакат наистод.

Фавти Менаҳем ва подшоҳии Фақаҳьё.

21 Ва бақияи аъмоли Менаҳем, ва ҳар чи ӯ кард, дар китоби вақоеъномаи подшоҳони Исроил навишта шудааст.

22 Ва Менаҳем бо падарони худ хобид, ва писараш Фақаҳьё ба ҷои ӯ подшоҳ шуд.

23 Дар соли панҷоҳуми Азарьё, подшоҳи Яҳудо, Фақаҳьё ибни Менаҳем бар Исроил дар Сомария подшоҳ шуд, ва ду сол подшоҳӣ кард.

24 Ва он чи дар назари Худованд бад буд, ба амал овард; аз гуноҳҳои Ёробъом ибни Набот, ки Исроилро гирифтори гуноҳ гардонида буд, дур нашуд.

Фавти Фақаҳьё ва подшоҳии Фақаҳ.

25 Ва саркардаи ӯ, Фақаҳ ибни Рамальёҳу, бар ӯ суиқасд намуда, бо ҳамроҳии Арҷуб ва Арьё дар Сомария дар толори хонаи подшоҳ ӯро зарба зад, дар сурате ки бо вай панҷоҳ нафар аз банӣ‐Ҷилъод буданд; ва ӯро кушта, ба ҷои ӯ подшоҳ шуд.

26 Ва бақияи аъмоли Фақаҳьё, ва ҳар чи ӯ кард, дар китоби вақоеъномаи подшоҳони Исроил навишта шудааст.

27 Дар соли панҷоҳу дуюми Азарьё, подшоҳи Яҳудо, Фақаҳ ибни Рамальёҳу бар Исроил дар Сомария подшоҳ шуд, ва бист сол подшоҳӣ кард.

28 Ва он чи дар назари Худованд бад буд, ба амал овард: аз гуноҳҳои Ёробъом ибни Набот, ки Исроилро гирифтори гуноҳ гардонида буд, дур нашуд.

29 Дар айёми Фақаҳ, подшоҳи Исроил, Тиҷлат Филосар, подшоҳи Ашшур, омада, Ийюн ва Обил‐Байт‐Маако ва Ёнӯҳ ва Қодеш ва Ҳосӯр ва Ҷилъод ва Ҷалилро, — тамоми замини Нафтолиро, — гирифт, ва онҳоро ба Ашшур ба асирӣ бурд.

30 Ва Ҳӯшаъ ибни Эло бар Фақаҳ ибни Рамальёҳу суиқасд намуд, ва ӯро зарба зада, кушт, ва дар соли бистуми Ютом ибни Узиё ба ҷои ӯ подшоҳ шуд.

31 Ва бақияи аъмоли Фақаҳ, ва ҳар чи ӯ кард, дар китоби вақоеъномаи подшоҳони Исроил навишта шудааст.

Подшоҳии Ютом бар Яҳудо.

32 Дар соли дуюми Фақаҳ ибни Рамальёҳу, подшоҳи Исроил, Ютом ибни Узиё, подшоҳи Яҳудо, подшоҳ шуд.

33 Дар вақти подшоҳ шуданаш ӯ бисту панҷсола буд, ва шонздаҳ сол дар Ерусалим подшоҳӣ кард; ва номи модараш Ерушо бинти Содӯқ буд.

34 Ва он чи дар назари Худованд мақбул буд, ба амал овард; мисли ҳар он чи падараш Узиё карда буд, ӯ ба амал овард.

35 Аммо баландиҳо барҳам дода нашуд: қавм ҳанӯз бар баландиҳо қурбонӣ мекарданд ва бухур месӯзониданд; ӯ дарвозаи болои хонаи Худовандро бино кард.

36 Ва бақияи аъмоли Ютом, ва ҳар чи ӯ кард, дар китоби вақоеъномаи подшоҳони Яҳудо навишта шудааст.

37 Дар он айём Худованд Расин, подшоҳи Арам, ва Фақаҳ ибни Рамальёҳуро ба Яҳудо фиристодан гирифт.

38 Ва Ютом бо падарони худ хобид, ва бо падарони худ дар шаҳри падараш Довуд дафн карда шуд; ва писараш Оҳоз ба ҷои ӯ подшоҳ шуд.

16

БОБИ ШОНЗДАҲУМ

Оҳоз дар Яҳудо подшоҳӣ мекунад.

1 Дар соли ҳафдаҳуми Фақаҳ ибни Рамальёҳу Оҳоз ибни Ютом, подшоҳи Яҳудо, подшоҳ шуд.

2 Дар вақти подшоҳ шуданаш Оҳоз бистсола буд, ва шонздаҳ сол ӯ дар Ерусалим подшоҳӣ кард; ва он чи дар назари Худованд Худояш мақбул буд, мисли падараш Довуд, ба амал наовард,

3 Балки бо роҳи подшоҳони Исроил рафтор намуд, ва ҳатто писари худро аз оташ гузаронид, мувофиқи одатҳои зишти қавмоне ки Худованд онҳоро аз пеши банӣ‐Исроил бадар ронда буд;

4 Ва бар баландиҳо ва талҳо ва зери ҳар дарахти сабз қурбонӣ мекард ва бухур месӯзонид.

Тохтутози арамиён.

5 Он гоҳ Расин, подшоҳи Арам, ва Фақаҳ ибни Рамальёҳу, подшоҳи Исроил, ба муқобили Ерусалим барои ҷанг баромада, Оҳозро муҳосира карданд, вале натавонистанд мағлуб намоянд.

6 Дар он вақт Расин, подшоҳи Арам, Эйлатро ба Арам баргардонид, ва яҳудиёнро аз Эйлат бадар ронд; ва адӯмиён ба Эйлат омада, дар он сокин шуданд, ки то имрӯз чунин аст.

7 Ва Оҳоз қосидонро назди Тиҷлат Филосар, подшоҳи Ашшур, фиристода, гуфт: «Ман бандаи ту ва писари ту ҳастам; баромада, маро аз дасти подшоҳи Арам ва аз дасти подшоҳи Исроил, ки бар ман қиём кардаанд, муҳофизат намо».

8 Ва Оҳоз нуқра ва тиллоеро, ки дар хонаи Худованд ва дар хазоини хонаи подшоҳ ёфт шуд, гирифта, ба подшоҳи Ашшур ҳамчун инъом фиристод.

Ашшуриён Димишқро ишғол карданд.

9 Ва подшоҳи Ашшур ба ӯ гӯш дод; ва подшоҳи Ашшур ба Димишқ лашкар кашида, онро забт кард, ва сокинонашро ба Қир ба асирӣ бурд, ва Расинро кушт.

10 Ва подшоҳ Оҳоз ба истиқболи Тиҷлат Филосар, подшоҳи Ашшур, ба Димишқ омад, ва қурбонгоҳеро, ки дар Димишқ буд, дид, ва подшоҳ Оҳоз сурати қурбонгоҳ ва тарҳи тамоми сохти онро ба Уриёи коҳин фиристод.

11 Ва Уриёи коҳин қурбонгоҳе бино кард; мувофиқи ҳар он чи подшоҳ Оҳоз аз Димишқ фиристода буд, Уриёи коҳин то вақти аз Димишқ баргаштани подшоҳ Оҳоз ончунон ба амал овард.

12 Ва подшоҳ аз Димишқ омад, ва подшоҳ қурбонгоҳро дид, ва подшоҳ ба қурбонгоҳ наздик омада, қурбонӣ бар он тақдим намуд;

13 Ва қурбонии сӯхтанӣ ва ҳадияи ордии худро сӯзонид, ва ҳадияи рехтании худро рехт, ва хуни қурбонии саломатии худро бар қурбонгоҳ пошид.

14 Ва қурбонгоҳи мисинро, ки дар ҳузури Худованд буд, аз пешгоҳи хона, яъне аз ҷое ки дар миёни қурбонгоҳ ва хонаи Худованд буд, кӯчонид, ва онро аз паҳлуи шимолии он қурбонгоҳ гузошт.

15 Ва подшоҳ Оҳоз ба Уриёи коҳин амр фармуда, гуфт: «Қурбонии сӯхтании субҳ ва ҳадияи ордии шом, ва қурбонии сӯхтании подшоҳ ва ҳадияи ордии ӯ, ва қурбонии сӯхтании тамоми қавми кишвар, ва ҳадияи ордии онҳо ва ҳадияҳои рехтании онҳоро бар қурбонгоҳи бузург бисӯзон, ва тамоми хуни қурбониҳои сӯхтанӣ ва тамоми хуни забҳҳоро бар он бипош; ва қурбонгоҳи мисин барои ман бошад, то ки зиёрат намоям».

16 Ва Уриёи коҳин мувофиқи ҳар он чи подшоҳ Оҳоз амр фармуда буд, ба амал овард.

17 Ва подшоҳ Оҳоз ҳошияҳои пояҳоро бурида, дастшӯякҳоро аз болояшон бардошт, ва ҳавзро аз болои говони мисине ки дар тагаш буданд, фурӯд овард, ва онро бар фарши сангин гузошт.

18 Ва долони шанбегиро, ки дар хона бино карда буданд, ва даромадгоҳеро, ки подшоҳ аз берун ба он дохил мешуд, ба муддаои табъи подшоҳи Ашшур тағьир дода, ба тарафи хонаи Худованд нигаронид.

Фавти Оҳоз. Подшоҳ шудани Ҳизқиё.

19 Ва бақияи аъмоли Оҳоз, ки кард, дар китоби вақоеъномаи подшоҳони Яҳудо навишта шудааст.

20 Ва Оҳоз бо падарони худ хобид, ва бо падарони худ дар шаҳри Довуд дафн карда шуд; ва писараш Хизқиё ба ҷои ӯ подшоҳ шуд.

17

БОБИ ҲАФДАҲУМ

Подшоҳии Ҳӯшаъ бар Исроил.

1 Дар соли дувоздаҳуми Оҳоз, подшоҳи Яҳудо, Ҳӯшаъ ибни Эло дар Сомария бар Исроил подшоҳ шуд, ва нӯҳ сол подшоҳӣ кард.

2 Ва он чи дар назари Худованд бад буд, ба амал овард, аммо на ҳамчун подшоҳони Исроил, ки пеш аз ӯ буданд.

3 Шалмансар, подшоҳи Ашшур, бар ӯ лашкар кашид, ва Ҳӯшаъ бандаи вай гардида, ба вай хироҷ медод.

Даҳ сибти Исроил ба асирӣ бурда шуданд.

4 Ва подшоҳи Ашшур дар Ҳӯшаъ хиёнат ёфт, чунки ӯ қосидонро назди Сӯ, подшоҳи Миср, фиристода буд, ва хироҷи ҳарсоларо барои подшоҳи Ашшур адо накард; ва подшоҳи Ашшур ӯро дастгир карда, дар зиндон андохт.

5 Ва подшоҳи Ашшур тамоми кишварро ишғол намуда, ба Сомария наздик омад, ва онро се сол муҳосира кард.

6 Подшоҳи Ашшур дар соли нӯҳуми Ҳӯшаъ Сомарияро забт намуд, ва исроилиёнро ба Ашшур ба асирӣ бурд, ва онҳоро дар Ҳалаҳ ва дар атрофи Ҳобӯр, ки наҳри Ҷӯзон аст, ва дар шаҳрҳои Модай ҷойгир кард.

7 Ва ин аз он сабаб рӯй дод, ки банӣ‐Исроил пеши Худованд Худои худ, ки онҳоро аз замини Миср, аз зери дасти фиръавн, подшоҳи Миср, берун оварда буд, гуноҳ карданд, ва аз худоёни дигар тарсиданд;

8 Ва бар тибқи фароизи халқҳое ки Худованд аз пеши банӣ‐Исроил бадар ронда буд, ва мувофиқи таомуле ки подшоҳони Исроил ҷорӣ намуда буданд, рафтор карданд;

9 Ва банӣ‐Исроил суханони нодурусте дар ҳаққи Худованд Худои худ бофта бароварданд, ва дар ҳамаи шаҳрҳои худ, аз бурҷи дидбонӣ то шаҳри ҳисордор, баландиҳо барои худ бино карданд;

10 Ва бар ҳар тали баланд ва зери ҳар дарахти сабз сутунҳо ва Ашераҳо барои худ гузоштанд;

11 Ва дар он ҷо, бар ҳамаи баландиҳо, мисли халқҳое ки Худованд аз пеши онҳо бадар ронда буд, бухур сӯзониданд, ва корҳои баде карда, Худовандро ба хашм оварданд;

12 Ва бутҳоро ибодат карданд, ки дар бораи онҳо Худованд гуфта буд: «Ин корро накунед»;

13 Ва Худованд ба воситаи ҳар набӣ ва ҳар пешбин Исроил ва Яҳудоро таъкид карда, гуфт: «Аз роҳҳои бади худ баргардед ва аҳкому фароизи Маро мувофиқи тамоми шариате ки ба падарони шумо амр фармудаам, ва ба воситаи бандагонам анбиё ба шумо фиристодаам, риоя намоед».

14 Вале онҳо гӯш надоданд, ва гардани худро мисли гардани падаронашон, ки ба Худованд Худои худ имон наоварда буданд, сахт карданд;

15 Ва аз фароизи Ӯ, ва аз аҳде ки Ӯ бо падаронашон баста буд, ва аз шаҳодоте ки Ӯ ба онҳо дода буд, нафрат карданд, ва аз паи чизҳои ҳеҷу пуч рафта, худашон ҳеҷу пуч шуданд, ва низ аз паи халқҳое ки дар гирду пешашон буданд, ва Худованд ба онҳо амр фармуда буд, ки мисли онҳо амал накунанд;

16 Ва тамоми аҳкоми Худованд Худои худро онҳо тарк карда, ду гӯсолаи рехта барои худ сохтанд, ва Ашера сохтанд, ва ба тамоми лашкари осмон саҷда бурданд, ва Баалро ибодат карданд.

17 Ва писарону духтарони худро аз оташ гузарониданд, ва ҷоду карданд ва фол кушоданд, ва ба он дода шуданд, ки он чи дар назари Худованд бад аст, ба амал оварда, Ӯро хашмгин кунанд;

18 Ва Худованд бағоят бар Исроил ғазаб намуда, онҳоро аз ҳузури Худ дур кард; ҷуз аз як сибти Яҳудо касе боқӣ намонд.

19 Лекин аҳли Яҳудо низ аҳкоми Худованд Худои худро ба ҷо наоварданд, балки бар тибқи фароизе ки исроилиён муқаррар намуда буданд, рафтор карданд.

20 Ва Худованд аз тамоми насли Исроил нафрат карда, онҳоро мазлум гардонид, ва онҳоро ба дасти тороҷгарон супурд, то ба дараҷае ки онҳоро аз ҳузури Худ дур андохт.

21 Зеро ки исроилиён худро аз хонадони Довуд бурида ҷудо карданд, ва Ёробъом ибни Наботро подшоҳ сохтанд; ва Ёробъом исроилиёнро аз пайравии Худованд дур кард, ва онҳоро гирифтори гуноҳи азим гардонид.

22 Ва банӣ‐Исроил дар ҳамаи гуноҳҳое ки Ёробъом ба амал оварда буд, рафтор карда, аз онҳо дур нашуданд,

23 То даме ки Худованд Исроилро аз ҳузури худ дур андохт, чунон ки ба воситаи ҳамаи бандагони Худ анбиё гуфта буд; ва исроилиён аз замини худ ба Ашшур ҷалои ватан шуданд, ки то имрӯз чунин аст.

Дар шаҳрҳои Исроил нав‐омадагон сокин шуданд.

24 Ва подшоҳи Ашшур аз Бобил ва Куто ва Авво ва Ҳамот ва Сафарвоим одам оварда, онҳоро дар шаҳрҳои Сомария ба ҷои банӣ‐Исроил ҷойгир гардонид, ва онҳо Сомарияро тасарруф намуда, дар шаҳрҳояш сокин шуданд.

25 Ва чунин воқеъ шуд, ки онҳо дар ибтидои дар он ҷо сокин шуданашон аз Худованд натарсиданд, ва Худованд шеронро бар онҳо фиристод, ва баъзе аз онҳо кушта шуданд.

26 Ва ба подшоҳи Ашшур хабар расонида, гуфтанд: «Халқҳое ки ту кӯчонида, дар шаҳрҳои Сомария ҷойгир кардӣ, қонуни Худои он заминро намедонанд, ва Ӯ шеронро бар онҳо фиристодааст, ва инак, онҳоро мекушанд, чунки онҳо қонуни он заминро намедонанд».

27 Ва подшоҳи Ашшур амр фармуда, гуфт: «Яке аз коҳинонро, ки шумо аз он ҷо кӯчонидаед, ба он ҷо равона кунед, то ки рафта дар он ҷо сокин шавад, ва қонуни Худои он заминро ба онҳо таълим диҳад».

28 Ва яке аз коҳиноне ки варо аз Сомария кӯчонида буданд, омада, дар Байт‐Ил сокин шуд; ва ӯ онҳоро таълим медод, ки чӣ гуна аз Худованд тарсанд.

29 Ва ҳар халқ худоёни худро сохтанд, ва дар ибодатхонаҳое ки сомариён бар баландиҳо барпо карда буданд, гузоштанд, — ҳар халқ дар шаҳрҳои худ, ки дар он ҷо сокин буданд,

30 Яъне мардуми Бобил Саккут‐Банӯтро сохтанд, ва мардуми Кут Нирҷалро сохтанд, ва мардуми Ҳамот Ашиморо сохтанд,

31 Ва аввиён Нибҳоз ва Тартоқро сохтанд, ва сафарвиён писарони худро барои Адрамалик ва Анамалик, ки худоёни сафарвиён буданд, дар оташ месӯзониданд.

32 Ва аз Худованд низ метарсиданд, ва аз миёни худ коҳинони баландиҳоро таъин менамуданд, ки онҳо дар ибодатхонаи баландиҳо қурбонӣ мекарданд.

33 Онҳо аз Худованд метарсиданд, ва дар айни ҳол худоёни худро, мувофиқи таомули халқҳое ки аз миёнашон кӯчонида шуда буданд, ибодат мекарданд.

34 То имрӯз онҳо мувофиқи таомулҳои пештараи худ рафтор мекунанд: аз Худованд наметарсанд, ва бар тибқи фароиз ва дастурҳои Ӯ рафтор намекунанд, яъне бар тибқи шариат ва аҳкоме ки Худованд ба банӣ‐Яъқуб, ки ӯро Исроил ном ниҳода буд, амр фармудааст,

35 Ва Худованд бо онҳо аҳд бастааст, ва ба онҳо амр фармуда, гуфтааст: «Аз худоёни дигар натарсед, ва ба онҳо саҷда набаред, ва онҳоро ибодат нанамоед, ва барои онҳо қурбонӣ накунед,

36 Балки фақат аз Худованд, ки шуморо аз замини Миср бо қувваи бузург ва бозуи тӯлонӣ берун овард, битарсед, ва барои Ӯ қурбонӣ кунед,

37 Ва фароиз ва дастурҳо ва шариат ва аҳкомеро, ки Ӯ барои шумо навиштааст, риоя намуда, тамоми айём ба амал оваред, ва аз худоёни дигар натарсед,

38 Ва аҳдеро, ки Ман бо шумо бастаам, фаромӯш накунед, ва аз худоёни дигар натарсед,

39 Балки фақат аз Худованд Худои худ битарсед, ва Ӯ шуморо аз дасти душманонатон раҳо хоҳад кард».

40 Валекин онҳо гӯш надоданд, балки мувофиқи таомули пештараи худ рафтор карданд.

41 Ва ин халқҳо аз Худованд метарсиданд, вале бутҳои худро ибодат мекарданд, ва ҳамчунин писарони онҳо ва писарони писарони онҳо ҳамон тавр, ки падаронашон рафтор мекарданд, то имрӯз рафтор мекунанд.

18

БОБИ ҲАЖДАҲУМ

Ҳизқиё бар Яҳудо подшоҳӣ мекунад.

1 Ва дар соли сеюми Ҳӯшаъ ибни Эло, подшоҳи Исроил, Ҳизқиё ибни Оҳоз, подшоҳи Яҳудо, подшоҳ шуд.

2 Дар вақти подшоҳ шуданаш ӯ бисту панҷсола буд, ва бисту нӯҳ сол дар Ерусалим подшоҳӣ кард; ва номи модараш Абӣ бинти Закарьё буд.

3 Ва он чи дар назари Худованд мақбул буд, ба амал овард, мисли ҳар он чи падараш Довуд ба амал оварда буд.

4 Ӯ баландиҳоро барҳам дод, ва сутунҳоро шикаст, ва Ашераро маҳв намуд, ва мори мисинро, ки Мусо сохта буд, пора‐пора кард, зеро ки то он айём банӣ‐Исроил барояш бухур месӯзониданд, ва ӯ онро Наҳуштон номид.

5 Ба Худованд Худои Исроил таваккал менамуд, ва баъд аз ӯ касе дар миёни ҳамаи подшоҳони Яҳудо мисли ӯ набуд, ва дар миёни онҳое низ, ки пеш аз ӯ буданд.

6 Ва ба Худованд часпида, аз пайравии Ӯ дур намешуд, ва аҳкомеро, ки Худованд ба Мусо амр фармуда буд, риоя мекард.

7 Ва Худованд бо Ӯ буд: ба ҳар чи ӯ иқдом менамуд, муваффақият меёфт; ва ба подшоҳи Ашшур осӣ шуда, хизматашро дигар ба ҷо наовард.

8 Ӯ фалиштиёнро аз Ғазза ва ҳудуди он, аз бурҷи дидбонӣ то шаҳри ҳисордор зарба зад.

9 Ва дар соли чоруми подшоҳ Ҳизқиё, ки соли ҳафтуми Ҳӯшаъ ибни Эло, подшоҳи Исроил буд, Шалманосар, подшоҳи Ашшур, бар Сомария лашкар кашида, онро муҳосира намуд.

10 Ва баъд аз се сол, дар соли шашуми Ҳизқиё, онро забт карданд, яъне дар соли нӯҳуми Ҳӯшаъ, подшоҳи Исроил, Сомария забт карда шуд.

11 Ва подшоҳи Ашшур исроилиёнро ба Ашшур кӯчонид, ва онҳоро дар Ҳалаҳ ва дар атрофи Ҳобӯр, ки наҳри Ҷӯзон аст, ва дар шаҳрҳои Модай ҷойгир кард,

12 Аз боиси он ки онҳо ба овози Худованд Худои худ гӯш надоданд, ва аҳди Ӯро, яъне ҳар чиро, ки Мусо, бандаи Худованд, амр фармуда буд, вайрон карданд; на гӯш доданд ва на ба амал оварданд.

Санҳериб ба Яҳудо зада медарояд.

13 Ва дар соли чордаҳуми подшоҳ Ҳизқиё Санҳериб, подшоҳи Ашшур, бар ҳамаи шаҳрҳои ҳисордори Яҳудо лашкар кашид, ва онҳоро забт намуд.

14 Ва Ҳизқиё, подшоҳи Яҳудо, назди подшоҳи Ашшур ба Локиш фиристода, гуфт: «Хато кардам; аз ман баргард; ҳар чи ба гарданам бор кунӣ, хоҳам бардошт». Ва подшоҳи Ашшур ба гардани Ҳизқиё, подшоҳи Яҳудо, сесад киккар нуқра ва сӣ киккар тилло гузошт.

15 Ва Ҳизқиё тамоми нуқраеро, ки дар хонаи Худованд ва дар хазоини хонаи подшоҳ ёфт шуд, дод.

16 Дар он вақт Ҳизқиё тиллоро аз дарҳои толори хонаи Худованд ва аз сутунҳое ки Ҳизқиё, подшоҳи Яҳудо, бо тилло пӯшонида буд, канда гирифт, ва онро ба подшоҳи Ашшур дод.

17 Ва подшоҳи Ашшур Тартон ва Рабсорис ва Рабшоқеро бо қӯшуни бузурге аз Локиш назди подшоҳ Ҳизқиё фиристод, ва онҳо баромада, ба Ерусалим расиданд; ва баромада, расиданд ва назди ҷӯи ҳавзи боло, ки ба сари роҳи саҳрои козар буд, истоданд.

18 Ва ҳангоме ки онҳо подшоҳро хонданд, Эльёқим ибни Ҳилқиёҳу, ки нозири хона буд, ва Шабнои котиб ва Юоҳ ибни Ософи вақоеънавис назди онҳо берун омаданд.

19 Ва Рабшоқе ба онҳо гуфт: «Ба Ҳизқиё бигӯед: „Подшоҳи муаззам, подшоҳи Ашшур, чунин мегӯяд: ин чӣ таваккал аст, ки ту таваккал мекунӣ?

20 Ту сухан меронӣ, аммо магар суханронӣ машварат ва кувват аст барои ҷанг? Пас, алҳол ту ба кӣ таваккал кардаӣ, ки ба ман осӣ шудаӣ?

21 Инак, ту алҳол ба ин асои наини нимшикаста, яъне ба Миср, таваккал кардаӣ, ки кас агар бар он такья намояд, он ба дасташ халида, варо маҷрӯҳ месозад. Чунин аст фиръавн, подшоҳи Миср, барои ҳамаи онҳое ки ба ӯ таваккал мекунанд.

22 Ва агар шумо ба ман бигӯед: «Мо ба Худованд Худои худ таваккал мекунем», — вай оё ҳамон аст, ки баландиҳо ва қурбонгоҳҳои варо Ҳизқиё барҳам додааст ва ба Яҳудо ва Ерусалим гуфтааст: «Фақат пеши ин қурбонгоҳ дар Ерусалим саҷда баред»?

23 Ва алҳол ту бо оғоям, подшоҳи Ашшур, гарав бибанд: ман ба ту ду ҳазор асп медиҳам, — оё ту метавонӣ саворон бар онҳо пайдо кунӣ?

24 Пас, чӣ гуна ту метавонӣ ҳуҷуми як пошоро, ки хурдтарини бандагони оғоям бошад, рад намоӣ, дар сурате ки ба Миср аз барои аробаҳо ва саворон таваккал кардаӣ?

25 Дар айни ҳол, оё ман бидуни иродаи Худованд ба ин макон лашкар кашидаам? Худованд ба ман гуфтааст: ба муқобили ин замин баро ва онро хароб намо“».

Гуфтушунид бо Рабшоқе.

26 Ва Эльёқим ибни Ҳилқиёҳу ва Шабно ва Юоҳ ба Рабшоқе гуфтанд: «Лутфан, бо бандагонат ба забони арамӣ гуфтугӯ намо, ки мо онро мефаҳмем, ва бо мо дар гӯши қавме ки болои ҳисор мебошанд, ба забони яҳудӣ гап назан».

27 Вале Рабшоқе ба онҳо гуфт: «Оё оғоям маро фақат назди оғоят ва ту фиристодааст, то ки ин суханонро бигӯям? Балки назди касоне ки бар ҳисор нишастаанд, ки онҳо бояд бо шумо наҷосати худро бихӯранд ва пешоби худро бинӯшанд».

28 Ва Рабшоқе бархоста, бо овози баланд ба забони яҳудӣ хитоб намуд, ва сухан ронда, гуфт: «Ба суханони подшоҳи муаззам, подшоҳи Ашшур, гӯш диҳед!

29 Подшоҳ чунин мегӯяд: „Бигзор Ҳизқиё шуморо фиреб надиҳад, зеро ки ӯ наметавонад шуморо аз дасти ман раҳо кунад.

30 Ва бигзор Ҳизқиё ба Худованд умедвор карда, нагӯяд: Худованд моро албатта раҳо хоҳад кард, ва ин шаҳрро ба дасти подшоҳи Ашшур нахоҳад дод“.

31 Ба Ҳизқиё гӯш надиҳед, зеро ки подшоҳи Ашшур чунин мегӯяд: „Бо ман сулҳ кунед ва назди ман берун оед, ва ҳар кас аз токи худ ва ҳар кас аз дарахти анҷири худ мева хоҳад хӯрд, ва ҳар кас аз чоҳи худ об хоҳад нӯшид,

32 То даме ки ман омада, шуморо ба замине мисли замини худатон бибарам, яъне ба замини ғалла ва шираи ангур, ба замини нон ва токзор, ба замини равғани зайтун ва асал, то ки шумо зинда монед ва намиред. Пас, ба Ҳизқиё гӯш надиҳед, зеро ки ӯ шуморо фиреб дода, мегӯяд: Худованд моро раҳо хоҳад кард.

33 Оё худоёни халқҳо ҳар яке замини худро аз дасти подшоҳи Ашшур раҳо кардаанд?

34 Куҷоянд худоёни Ҳамот ва Арфод? Куҷоянд худоёни Сафарвоим, Ҳенаъ ва Ивво? Оё онҳо Сомарияро аз дасти ман раҳо карданд?

35 Аз ҳамаи худоёни ин заминҳо кист, ки замини худро аз дасти ман раҳо карда бошад, то ки Худованд Ерусалимро аз дасти ман раҳо кунад?“»

36 Валекин қавм хомӯш монда, ба ӯ ҳеҷ ҷавоб надоданд, зеро подшоҳ амр фармуда, гуфта буд, ки «ба ӯ ҷавоб надиҳед».

37 Ва Эльёқим ибни Ҳилқиёҳу, ки нозири хона буд, ва Шабнои котиб ва Юоҳ ибни Ософи вақоеънавис бо ҷомаҳои чокзада назди Ҳизқиё омаданд, ва суханони Рабшоқеро ба ӯ нақл карданд.

19

БОБИ НУЗДАҲУМ

Ҳизқиё ба Ишаъё муроҷиат мекунад.

1 Ва чун подшоҳ Ҳизқиё инро шунид, либосашро чок зад, ва палос пӯшида, ба хонаи Худованд омад.

2 Ва Эльёқимро, ки нозири хона буд, ва Шабнои котиб ва пирони коҳинонро, ки палос пӯшида буданд, назди набӣ, Ишаъё ибни Омӯс, фиристод.

3 Ва онҳо ба ӯ гуфтанд: «Ҳизқиё чунин мегӯяд: „Имрӯз рӯзи мусибат ва ҷазо ва нанг аст, зеро ки кӯдакон то даҳани бачадон расидаанд, вале қуввати зоидан нест.

4 Кошки Худованд Худои ту ҳамаи суханони Рабшоқеро, ки оғояш подшоҳи Ашшур барои таҳқир кардани Худои Ҳай фиристодааст, мешунид, ва ӯро барои суханоне ки Худованд Худои ту шунидааст, ҷазо медод! Пас, барои бақияе ки ҳанӯз вуҷуд доранд, истиғоса намо“».

5 Ва бандагони подшоҳ Ҳизқиё назди Ишаъё омаданд.

6 Ва Ишаъё ба онҳо гуфт: «Ба оғои худ чунин гӯед: „Худованд чунин мегӯяд: аз суханоне ки шунидаӣ, ки бо онҳо навкарони подшоҳи Ашшур Маро ҳақорат додаанд, натарс.

7 Инак, Ман бар ӯ рӯҳе мефиристам, ва ӯ хабаре шунида, ба замини худ хоҳад баргашт; ва Ман ӯро дар замини худаш бо шамшер фурӯ хоҳам ғалтонид“».

Санҳериб дар ҳаққи Худои Исроил густохона сухан меронад.

8 Ва Рабшоқе баргашта, подшоҳи Ашшурро дар ҳолате ёфт, ки бо Либно ҷанг мекард, зеро шунида буд, ки вай аз Локиш ақиб рафтааст.

9 Ва дар бораи Тирҳоқо, подшоҳи Куш, шунида буд, ки мегуфтанд: «Инак, вай берун омадааст, то ки бо ту ҷанг кунад». Ва бори дигар қосидонро назди Ҳизқиё фиристода, гуфт:

10 «Ба Ҳизқиё, подшоҳи Яҳудо, чунин гӯед: „Бигзор Худои ту туро фирефта нанамояд, ки ту ба Ӯ таваккал карда, мегӯӣ: Ерусалим ба дасти подшоҳи Ашшур супурда нахоҳад шуд.

11 Инак, ту шунидаӣ, ки подшоҳони Ашшур бо ҳамаи заминҳо чӣ кардаанд ва чӣ гуна онҳоро торумор намудаанд, — пас, ту оё раҳо хоҳӣ шуд?

12 Оё худоёни халқҳое ки падаронам барҳам додаанд, чунончи: Ҷӯзон ва Ҳорон ва Росаф ва банӣ‐Адан, ки дар Талассор буданд, онҳоро раҳо карданд?

13 Куҷост подшоҳи Ҳамот ва подшоҳи Арфод ва подшоҳи шаҳри Сафарвоим, Ҳенаъ ва Ивво?“»

Дуои Ҳизқиё.

14 Ва Ҳизқиё мактубҳоро аз дасти қосидон гирифта, хонд; ва Ҳизқиё ба хонаи Худованд рафта, онҳоро ба ҳузури Худованд паҳн кард.

15 Ва Ҳизқиё ба ҳузури Худованд дуо хонда, гуфт: «Эй Худованд Худои Исроил, ки бар каррубиён нишастаӣ! Туӣ, ки ба танҳоӣ Худои ҳамаи мамлакатҳои замин ҳастӣ; Ту осмон ва заминро офаридаӣ.

16 Эй Худованд, гӯши Худро хам карда, бишнав; эй Худованд, чашмони Худро кушода, бубин; ва суханони Санҳерибро бишнав, ки вай барои таҳқир кардани Худои Ҳай фиристодааст.

17 Эй Худованд, дар ҳақиқат подшоҳони Ашшур халқҳоро бо заминҳои онҳо хароб кардаанд,

18 Ва худоёни онҳоро дар оташ андохтаанд, зеро ки онҳо худо не, балки маснӯи дасти одамизод, чӯб ва санг буд, бинобар ин онҳоро нест карданд.

19 Ва алҳол, эй Худованд Худои мо, лутфан, моро аз дасти вай наҷот деҳ, то ҳамаи мамлакатҳои замин бидонанд, ки Ту, эй Худованд, ба танҳоӣ Худо ҳастӣ».

Худованд ба воситаи Ишаъёи набӣ ҷавоб медиҳад.

20 Ва Ишаъё ибни Омӯс назди Ҳизқиё фиристода, гуфт: «Худованд Худои Исроил чунин мегӯяд: он чиро, ки ту пеши Ман дар ҳаққи Санҳериб, подшоҳи Ашшур, дар дуои худ гуфтӣ, иҷобат намудам.

21 Чунин аст сухане ки Худованд дар бораи вай гуфтааст:

духтари бокираи Сион аз ту нафрат намуда, туро тамасхур кардааст,

ва духтари Ерусалим аз қафои ту сар ҷунбонидааст!

22 Киро ту таҳқир намудаӣ ва дашном додаӣ?

Ва дар ҳаққи кӣ овоз баланд кардаӣ

ва чашмони худро боло бардоштаӣ?

Дар ҳаққи Қуддуси Исроил!

23 Ба воситаи қосидони худ Худовандро таҳқир намуда,

гуфтаӣ: „Бо анбӯҳи аробаҳои худ ман ба қуллаи кӯҳҳо,

бар ақсои Лубнон баромадаам,

ва арзҳои болобаланд ва сарвҳои гузини онро буридаам,

ва ба қуллаи баландтарини он, ба боғистони ҳосилхези он расидаам;

24 Ва ман чоҳ канда, оби бегонаро нӯшидаам;

ва бо кафи пойҳои худ ҳамаи наҳрҳои Мисрро хушк хоҳам кард“.

25 Оё нашнидаӣ,

ки Ман аз замони пеш инро қарор додаам,

аз қадимулайём инро пешбинӣ намудаам,

ва ҳоло инро тавре ба амал овардаам,

ки ту шаҳрҳои истеҳкомдорро валангор карда, ба харобазор табдил медиҳӣ?

26 Ва сокинони онҳо камқувват, ҳаросон ва хиҷил шудаанд:

онҳо мисли алафи саҳро ва майсаи навхез, ва сабзаи болои бомҳо,

ва мисли киштзоре ки пеш аз хӯша бастанаш

хушк шуда бошад, гардидаанд.

27 Вале Ман нишастани туро, ва баромадани туро,

ва даромадани туро медонам;

ва адоватеро, ки ба ман дорӣ.

28 Азбаски адовате ки ба ман дорӣ,

ва лоуболии ту ба гӯши ман расидааст,

бинобар ин маҳори Худро ба бинии ту,

ва ҷилави Худро ба даҳони ту хоҳам зад,

ва туро бо роҳе ки омадаӣ, хоҳам баргардонид.

29 Ва аломат барои ту, эй Ҳизқиё, чунин аст:

имсол ғаллаи худрӯй хоҳед хӯрд, ва дар соли дуюм — он чи аз он бирӯяд; ва дар соли сеюм кишт кунед ва дарав намоед, ва токҳо шинонед ва меваи онҳоро бихӯред.

30 Ва растагорони хонадони Яҳудо, ки боқӣ мондаанд, аз нав дар поён реша хоҳанд давонид, ва дар боло мева хоҳанд овард,

31 Зеро ки бақия аз Ерусалим, ва растагорон аз Сион ба вуҷуд хоҳанд омад. Рашки Худованди лашкарҳо инро ба амал хоҳад овард.

32 Бинобар ин Худованд дар бораи подшоҳи Ашшур чунин мегӯяд: вай ба ин шаҳр ворид нахоҳад шуд, ва ба он ҷо тир нахоҳад андохт, ва назди он бо сипар нахоҳад омад, ва дар муқобили он хокрез барпо нахоҳад кард.

33 Бо кадом роҳе ки омадааст, бо ҳамон хоҳад баргашт, валекин ба ин шаҳр ворид нахоҳад шуд, — мегӯяд Худованд, — .

34 Ва Ман ин шаҳрро ҳимоят хоҳам кард, то ки онро ба хотири Худам ва ба хотири бандаи Худ Довуд наҷот диҳам».

35 Ва дар он шаб чунин воқеъ шуд, ки фариштаи Худованд берун омада, саду ҳаштоду панҷ ҳазор нафарро дар ӯрдугоҳи Ашшур зарба зад, ва бомдодон, вақте ки бархостанд, инак, ҳамаашон ҷасадҳои мурда буданд.

36 Ва Санҳериб, подшоҳи Ашшур, ба роҳ даромада, равона шуд ва баргашта, дар Нинве сокин гардид.

37 Ва ҳангоме ки ӯ дар хонаи худояш Нисрӯк ибодат менамуд, писаронаш Адрамалик ва Шарэсар ӯро бо шамшер куштанд, ва худашон ба замини Аророт гурехтанд; ва писараш Эсар‐Ҳаддӯн ба ҷои ӯ подшоҳ шуд.

20

БОБИ БИСТУМ

Беморӣ ва шифои Ҳизқиё.

1 Дар он айём Ҳизқиё бемор шуда, наздик ба мурдан буд; ва набӣ, Ишаъё ибни Омӯс, назди ӯ омада, ба ӯ гуфт: «Худованд чунин мегӯяд: „Барои аҳли байти худ васият намо, зеро ки ту хоҳӣ мурд ва шифо нахоҳӣ ёфт“».

2 Ва ӯ рӯи худро ба девор гардонид, ва сӯи Худованд дуо хонда, гуфт:

3 «Лутфан, эй Худованд, ба ёд овар, ки чӣ гуна ман ба ҳузури Ту бо ростӣ ва аз самими қалб рафтор намудаам, ва он чи дар назари Ту мақбул буд, ба амал овардаам». Ва Ҳизқиё зор‐зор гирист.

4 Ва чунин воқеъ шуд, ки Ишаъё ҳанӯз ба сахни миёна набаромада буд, ки каломи Худованд бар ӯ нузул карда, гуфт:

5 «Баргард ва ба Ҳизқиё, ки раиси қавми Ман аст, бигӯй: „Худованд, Худои падарат Довуд, чунин мегӯяд: дуои туро шунидам, ашкҳои туро дидам. Инак, Ман туро шифо хоҳам дод: баъд аз се рӯз ту ба хонаи Худованд дохил хоҳӣ шуд.

6 Ва Ман бар рӯзҳои ту понздаҳ сол илова менамоям, ва туро, ва ин шаҳрро аз дасти подшоҳи Ашшур раҳо хоҳам намуд, ва ин шаҳрро ба хотири Худам ва ба хотири бандаам Довуд ҳимоят хоҳам кард“».

7 Ва Ишаъё гуфт: «Қурсе аз анҷирқоқ бигиред». Ва гирифта, бар думбал гузоштанд, ва ӯ зинда монд.

8 Ва Ҳизқиё ба Ишаъё гуфт: «Чист аломати он ки Худованд маро шифо хоҳад дод, ва ман баъд аз се рӯз ба хонаи Худованд дохил хоҳам шуд?»

9 Ва Ишаъё гуфт: «Аломат аз ҷониби Худованд дар бораи он ки Худованд каломеро, ки гуфтааст, ба амал хоҳад овард, барои ту чунин аст: оё соя даҳ зина пеш равад, ё даҳ зина қафо гардад?»

10 Ва Ҳизқиё гуфт: «Даҳ зина пеш рафтани соя осон аст; не, бигзор соя даҳ зина қафо гардад».

11 Ва Ишаъёи набӣ сӯи Худованд хонд, ва сояи зинаҳоро, ки бар зинаҳои Оҳоз фуромада буд, даҳ зина қафо гардонид.

12 Дар он замон Берӯдак ибни Балъадон, подшоҳи Бобил, ба Ҳизқиё нома ва ҳадия фиристод, зеро шунида буд, ки Ҳизқиё бемор шудааст.

13 Ва Ҳизқиё онҳоро шунид, ва тамоми хазинахонаи худро: нуқра ва тилло, ва атриёт, ва равғани аъло, ва тамоми қӯрхонаи худ, ва ҳар чиро, ки дар хазоини ӯ ёфт мешуд, ба онҳо нишон дод; чизе набуд, ки Ҳизқиё дар хонаи худ ва дар тамоми қаламрави худ ба онҳо нишон надода бошад.

14 Ва Ишаъёи набӣ назди подшоҳ Ҳизқиё омад, ва ба ӯ гуфт: «Ин одамон чӣ гуфтанд? Ва аз куҷо назди ту омадаанд?» Ва Ҳизқиё гуфт: «Аз кишвари дур, аз Бобил омадаанд».

15 Ӯ гуфт: «Дар хонаи ту чӣ диданд?» Ва Ҳизқиё гуфт: «Ҳар он чи дар хонаи ман ҳаст, диданд; чизе дар хазоини ман намонд, ки ба онҳо нишон надода бошам».

16 Ва Ишаъё ба Ҳизқиё гуфт: «Каломи Худовандро бишнав:

17 „Инак, рӯзҳо меояд, ҳар он чи дар хонаи туст, ва он чи падаронат то имрӯз андӯхтаанд, ба Бобил бурда хоҳад шуд; чизе боқӣ наҳохад монд, — мегӯяд Худованд, —

18 Ва аз писаронат, ки аз ту ба вуҷуд оянд, ва ту онҳоро ба дуньё оварӣ, хоҳанд гирифт, ва онҳо дар қасри подшоҳи Бобил хоҷасаро хоҳанд шуд“».

19 Ва Ҳизқиё ба Ишаъё гуфт: «Каломи Худованд, ки ту ба забон рондӣ, барҳақ аст». Ва гуфт: «Бигзор дар рӯзҳои ман осоиштагӣ ва пояндагӣ бошад».

Фавти Ҳизқиё.

20 Ва бақияи аъмоли Ҳизқиё, ва тамоми корнамоии ӯ, ва ҳавз ва корез канданаш, ва обро ба шаҳр оварданаш дар китоби вақоеъномаи подшоҳони Яҳудо навишта шудааст.

21 Ва Ҳизқиё бо падарони худ хобид; ва писараш Менашше ба ҷои ӯ подшоҳ шуд.

21

БОБИ БИСТУ ЯКУМ

Подшоҳии Менашше. Маъсият ва фавти ӯ.

1 Дар вақти подшоҳ шуданаш Менашше дувоздаҳсола буд, ва ӯ панҷоҳу панҷ сол дар Ерусалим подшоҳӣ кард; ва номи модараш Ҳефсибо буд.

2 Ва он чи дар назари Худованд бад буд, ба амал овард, ба тақлиди корҳои зишти халқҳое ки Худованд онҳоро аз пеши банӣ‐Исроил бадар ронда буд.

3 Ва ӯ баландиҳоеро, ки падараш Ҳизқиё барҳам дода буд, аз нав бино кард, ва қурбонгоҳҳо барои Баал барпо намуд, ва Ашераро мисли он ки Аҳъоб, подшоҳи Исроил, сохта буд, сохт; ва ба тамоми лашкари осмон саҷда бурда, онҳоро ибодат кард.

4 Ва қурбонгоҳҳо дар хонаи Худованд бино кард, ки дар бораи он Худованд гуфтааст: «Дар Ерусалим исми Худро хоҳам гузошт».

5 Ва барои тамоми лашкари осмон дар ду саҳни хонаи Худованд қурбонгоҳҳо бино кард.

6 Ва писари худро аз оташ гузаронид, ва афсун кард ва фол кушод, ва ҷодугарону азоимхононро ба кор андохт; бо аъмоле ки дар назари Худованд бад аст, бисьёр машғул шуд, то ки Ӯро ба хашм оварад.

7 Ва ҳайкали Ашераро, ки сохта буд, дар хонае гузошт, ки дар бораи он Худованд ба Довуд ва писараш Сулаймон гуфта буд: «Дар ин хона ва дар Ерусалим, ки аз ҳамаи сибтҳои Исроил баргузидаам, исми Худро то абад хоҳам гузошт;

8 Ва пои Исроилро аз замине ки ба падаронашон додаам, дигар бадар нахоҳам ронд, ба шарте ки онҳо саъю кӯшиш кунанд, ки бар тибқи ҳар он чи Ман ба онҳо амр фармудаам, ва бар тибқи тамоми шариате ки бандаам Мусо ба онҳо амр фармудааст, рафтор намоянд».

9 Вале онҳо гӯш надоданд, ва Менашше онҳоро то ба дараҷае гумроҳ кард, ки онҳо назар ба халқҳое ки Худованд аз пеши банӣ‐Исроил маҳв намуда буд, ба аъмоли бад бештар машғул шуданд.

10 Ва Худованд ба воситаи бандагонаш анбиё сухан ронда, гуфт:

11 «Азбаски Менашше, подшоҳи Яҳудо, ин аъмоли зиштро ба ҷо оварда, назар ба тамоми рафтори амӯриёне ки пеш аз ӯ буданд, бадтар рафтор намуд, ва бо бутҳои худ Яҳудоро низ гирифтори гуноҳ гардонид,

12 Бинобар ин Худованд Худои Исроил чунин мегӯяд: „Инак, Ман бар Ерусалим ва Яҳудо чунон мусибате хоҳам овард, ки ҳар касе ки дар бораи он бишнавад, ҳар ду гӯшаш садо хоҳад дод;

13 Ва бар Ерусалим ресмони Сомария ва шоқули хонаи Аҳъобро хоҳам кашид, ва Ерусалимро пок хоҳам кард, чунон ки кас табақчаро пок мекунад, — пок мекунаду чаппа мегардонад.

14 Ва бақияи мероси Худро тарк хоҳам кард, ва онҳоро ба дасти душманонашон хоҳам супурд, ва онҳо барои ҳамаи душманонашон мавриди толону тороҷ хоҳанд гардид,

15 Аз боиси он ки онҳо он чи дар назари ман бад аст, ба амал оварданд, ва аз рӯзе ки падаронашон аз Миср берун омаданд, то имрӯз Маро ба хашм оварданд“».

16 Ва ҳамчунин хуни бегуноҳонро Менашше бағоят бисьёр рехт, ба тавре ки Ерусалимро сар то сар аз он пур кард, ба замми он гуноҳи худ, ки Яҳудоро гирифтори гуноҳ гардонида буд, то ки он чи дар назари Худованд бад аст, ба амал оваранд.

17 Ва бақияи аъмоли Менашше, ва ҳар чи ӯ кард, ва гуноҳе ки содир намуд, дар китоби ваҳқоеъномаи подшоҳони Яҳудо навишта шудааст.

18 Ва Менашше бо падарони худ хобид ва дар боғи хонаи худ, дар боғи Уззо дафн карда шуд; ва писараш Омӯн ба ҷои ӯ подшоҳ шуд.

19 Дар вақти подшоҳ шуданаш Омӯн бисту дусола буд, ва ӯ ду сол дар Ерусалим подшоҳӣ кард; ва номи модараш Машуллемет бинти Ҳорус, аз Ётбо, буд.

20 Ва он чи дар назари Худованд бад буд, ба амал овард, чунон ки падараш Менашше амал карда буд;

21 Ва бо тамоми роҳе ки падараш рафтор карда буд, рафтор намуд, ва бутҳоро, ки падараш парастида буд, парастид, ва ба онҳо саҷда бурд;

22 Ва Худованд Худои падаронашро тарк кард, ва бо роҳи Худованд равона нашуд.

Фавти Омӯн. Бар тахт нишастани Йӯшиёҳу.

23 Ва навкарони Омӯн бар ӯ суиқасд карданд; ва подшоҳро дар хонааш куштанд.

24 Вале кавми мамлакат ҳамаи онҳоеро, ки бар подшоҳ Омӯн суиқасд карда буданд, ба қатл расониданд; ва қавми мамлакат писараш Йӯшиёҳуро ба ҷои ӯ подшоҳ карданд.

25 Ва бақияи аъмоле ки Омӯн кард, дар китоби вақоеъномаи подшоҳони Яҳудо навишта шудааст.

26 Ва ӯро дар мақбараи ӯ дар боғи Уззо дафн карданд; ва писараш Йӯшиёҳу ба ҷои ӯ подшоҳ шуд.

22

БОБИ БИСТУ ДУЮМ

Подшоҳии Йӯшиёҳу.

1 Дар вақти подшоҳ шуданаш Йӯшиёҳу ҳаштсола буд, ва ӯ сию як сол дар Ерусалим подшоҳӣ кард; ва номи модараш Едидо бинти Адоё, аз Босқат, буд.

2 Ва он чи дар назари Худованд мақбул буд, ба амал овард; ва бо тамоми роҳи падараш Довуд равона шуд, ва ба тарафи рост ё чап майл накард.

Таъмири маъбад.

3 Ва дар соли ҳаждаҳуми подшоҳ Йӯшиёҳу чунин воқеъ шуд, ки подшоҳ Шофон ибни Асальёҳу ибни Машулломи котибро ба хонаи Худованд фиристода, гуфт:

4 «Назди Ҳилқиёи саркоҳин бирав, ва ӯ нуқраеро, ки ба хонаи Худованд оварда шудааст, ва остонабонон онро аз қавм ҷамъ кардаанд, бишуморад,

5 Ва онро ба дасти саркороне ки бар хонаи Худованд таъин карда шудаанд, бисупорад, то ки онҳо онро ба коргароне ки дар хонаи Худованд барои таъмири рахнаҳои хона кор мекунанд, бидиҳанд,

6 Яъне ба дуредгарон ва бинокорон ва гилкорон; ва барои харидани чӯбу тахта ва сангҳои тарошидашуда аз баҳри таъмири хона».

7 Аммо аз нуқрае ки ба дасташон супурда мешуд, аз онҳо ҳисобот талаб намекарданд, зеро ки онҳо аз рӯи виҷдон амал мекарданд.

Ёфт шудани китоби Тавроти Мусо.

8 Ва Ҳилқиёи саркоҳин ба Шофони котиб гуфт: «Китоби Тавротро дар хонаи Худованд ёфтаам». Ва Ҳилқиё он китобро ба Шофон дод, ва ӯ онро хонд.

9 Ва Шофони котиб назди подшоҳ омад, ва ба подшоҳ ҷавоб оварда, гуфт: «Бандагонат нуқраеро, ки дар хона буд, дар шумор оварданд, ва онро ба дасти саркороне ки бар хонаи Худованд таъин шудаанд, супурданд».

10 Ва Шофони котиб ба подшоҳ хабар дода, гуфт: «Ҳилқиёи коҳин китобе ба ман дод». Ва Шофон онро пеши подшоҳ хонд.

11 Ва ҳангоме ки подшоҳ суханони китоби Тавротро шунид, либоси худро чок зад.

12 Ва подшоҳ ба Ҳилқиёи коҳин ва Аҳиқом ибни Шофон ва Акбӯр ибни Михоё ва Шофони котиб ва Асоёи навкари подшоҳ амр фармуда, гуфт:

13 «Биравед ва аз Худованд барои ман ва барои қавм ва барои тамоми Яҳудо дар бораи суханони ин китоби ёфтшуда илтиҷо намоед, зеро ғазаби Худованд, ки бар мо аланга гирифтааст, бузург аст, аз барои он ки падарони мо ба суханони ин китоб гӯш надодаанд, то ки мувофиқи ҳар он чи дар бораи мо навишта шудааст, амал намоянд».

14 Ва Ҳилқиёи коҳин ва Аҳиқом ва Акбӯр ва Шофон ва Асоё назди Ҳулдои набия, зани Шаллум ибни Тиқво ибни Ҳарҳаси муҳофизи либосҳо, ки ӯ дар Ерусалим, дар маҳаллаи дуюми он сукунат дошт, рафтанд, ва бо ӯ гуфтугӯ карданд.

Суханони Ҳулдои набия.

15 Ва ӯ ба онҳо гуфт: «Худованд Худои Исроил чунин мегӯяд: „Ба касе ки шуморо назди ман фиристодааст, бигӯед:

16 Худованд чунин мегӯяд: инак, Ман мусибате бар ин макон ва бар сокинонаш хоҳам овард, — ҳамаи суханони китоберо, ки подшоҳи Яҳудо хондааст;

17 Азбаски онҳо Маро тарк карда, ба худоёни дигар бухур сӯзониданд, то ки Маро бо тамоми амали дастҳои худ ба хашм оваранд, ғазаби Ман бар ин макон аланга гирифтааст ва хомӯш нахоҳад шуд.“

18 Вале ба подшоҳи Яҳудо, ки шуморо фиристодааст, то ки аз Худованд илтиҷо намоед, чунин гӯед: „Худованд Худои Исроил дар бораи суханоне ки шунидаӣ, чунин мегӯяд:

19 Азбаски дили ту нарм шудааст, ва дар вақти шунидани суханони Ман дар бораи ин макон ва сокинонаш, яъне дар бораи он ки онҳо мавриди харобӣ ва лаънат хоҳанд шуд, ту ба хузури Худованд гардан фуровардаӣ ва либоси худро чок зада, ба ҳузури Ман гирья кардаӣ, бинобар ин Ман низ туро иҷобат намудам, мегӯяд Худованд.

20 Аз ин рӯ, инак, Ман туро ба падаронат ҳамроҳ хоҳам кард, ва ту дар мақбараи худ ба саломатӣ гузошта хоҳӣ шуд, ва тамоми он мусибатро, ки Ман бар ин макон меоварам, чашмони ту нахоҳад дид“». Ва ҷавобро ба подшоҳ расониданд.

23

БОБИ БИСТУ СЕЮМ

Китоби аҳд ба қавм эълон карда шуд.

1 Ва подшоҳ фиристод, ва ҳамаи пирони Яҳудо ва Ерусалимро назди ӯ ҷамъ карданд.

2 Ва подшоҳ ба хонаи Худованд омад, ва тамоми мардуми Яҳудо ва ҳамаи сокинони Ерусалим бо ӯ буданд, — коҳинон ва анбиё, ва тамоми қавм аз хурд то калон; ва ӯ ҳамаи суханони китоби аҳдро, ки дар хонаи Худованд ёфт шуд, дар гӯши онҳо хонд.

3 Ва подшоҳ бар минбар истод, ва ба ҳузури Худованд аҳд баст, ки Худовандро пайравӣ намоянд, ва аҳком ва шаҳодот ва фароизи Ӯро бо тамоми дилу ҷон риоя кунанд, ва суханони ин аҳдро, ки дар ин китоб навишта шудааст, ба ҷо оваранд; ва тамоми қавм ин аҳдро ба зиммаи худ гирифтанд.

Ислоҳоти подшоҳ Йӯшиёҳу.

4 Ва подшоҳ ба Ҳилқиёи саркоҳин ва коҳинони муовин ва остонабонон амр фармуд, ки тамоми ашьёи барои Баал ва Ашера ва тамоми лашкари осмон сохташударо аз қасри Худованд берун оваранд; ва ӯ онҳоро дар беруни Ерусалим, дар киштзори Қидрӯн сӯзонид, ва хокистарашонро ба Байт‐Ил бурд.

5 Ва коҳинони бутҳоро, ки подшоҳони Яҳудо таъин карда буданд, то ки бар баландиҳои шаҳрҳои Яҳудо ва гирду атрофи Ерусалим бухур сӯзонанд, ва онҳоеро, ки барои Баал ва офтоб ва моҳ ва ситораҳо ва тамоми лашкари осмон бухур месӯзониданд, маъзул намуд.

6 Ва Ашераро аз хонаи Худованд бароварда, берун аз Ерусалим ба ҷониби наҳри Қидрӯн бурд, ва онро назди наҳри Қидрӯн сӯзонид ва кӯфта, гард‐гард кард; ва гарди онро дар кабристони мардуми оддӣ пошид.

7 Ва хонаҳои ливотагаронро, ки назди хонаи Худованд буд, ва дар он ҷо занон чодирҳо барои Ашера мебофтанд, хароб кард.

8 Ва ҳамаи коҳинонро аз шаҳрҳои Яҳудо овард, ва баландиҳоро, ки коҳинон дар он ҷо бухур месӯзониданд, — аз Ҷобаъ то Беэр‐Шобаъ, — палид гардонид; ва баландиҳои назди дарвозаҳоро, — онро, ки дар даҳани дарвозаи Еҳушаъ, раиси шаҳр буд, ва онро, ки ба тарафи чапи шахси ба дарвозаи шаҳр дохилшаванда буд, — хароб кард.

9 Аммо коҳинони баландиҳо ба қурбонгоҳи Худованд дар Ерусалим роҳ дода намешуданд, гарчанде ки дар миёни бародарони худ фатир мехӯрданд.

10 Ва ӯ Тӯфетро, ки дар дараи Бен‐Ҳиннӯм буд, палид гардонид, то ки касе писар ё духтари худро аз оташи Мӯлик нагузаронад.

11 Ва аспҳоеро, ки подшоҳони Яҳудо барои парастиши офтоб дода буданд, аз даромадгоҳи хонаи Худованд дур карда, ба ҳавлии Натан‐Малики хоҷасаро, ки дар атрофи шаҳр буд, гузаронид, ва аробаҳои офтобро дар оташ сузонид.

12 Ва қурбонгоҳҳоеро, ки бар боми болохонаи Оҳоз буд, ва подшоҳони Яҳудо онҳоро сохта буданд, ва қурбонгоҳҳоеро, ки Менашше дар ду саҳни хонаи Худованд сохта буд, подшоҳ хароб кард, ва аз он ҷо сарнагун намуда, гарди онҳоро ба наҳри Қидрӯн андохт.

13 Ва баландиҳоро, ки дар рӯ ба рӯи Ерусалим, ба тарафи рости кӯҳи Фасод буд, ва онҳоро Сулаймон, подшоҳи Исроил, барои Аштора, бути зишти сидӯниён, ва барои Камуш, бути зишти Мӯоб, ва барои Милкӯм, бути қабеҳи банӣ‐Аммӯн бино карда буд, подшоҳ палид гардонид.

14 Ва ҳайкалҳоро шикаст, ва Ашераҳоро бурид, ва ҷои онҳоро аз устухонҳои одамизод пур кард.

15 Ва низ қурбонгоҳе ки дар Байт‐Ил буд, ва баландие ки Ёробъом ибни Набот сохта, Исроилро гирифтори гуноҳ гардонида буд, — ҳам он қурбонгоҳ ва ҳам он баландиро хароб кард, ва баландиро сӯзонид, кӯфта гард‐гард гардонид, ва Ашераро сӯзонид.

16 Ва Йӯшиёҳу рӯй гардонида, қабрҳоеро, ки он ҷо дар кӯҳ буд, дид, ва фиристода, устухонҳоро аз он қабрҳо гирифт, ва бар қурбонгоҳ сӯзонида, онро палид гардонид, бар тибқи қаломи Худованд, ки он марди Худо, ки ин воқеаҳоро пешгӯӣ карда буд, онро ба забон ронд.

17 Ва ӯ гуфт: «Чист ин ҳайкали ёдгорӣ, ки ман мебинам?» Ва мардуми шаҳр ба ӯ гуфтанд: «Ин қабри марди Худост, ки вай аз Яҳудо омада, ин корҳоеро, ки ту бар қурбонгоҳи Байт‐Ил кардаӣ, эълон намуда буд».

18 Ва ӯ гуфт: «Варо ба ҳоли худ вогузоред, ва касе устухонҳои варо аз ҷояш наҷунбонад». Ва устухонҳои вай бо устухонҳои набие ки аз Сомария омада буд, раҳо шуд.

19 Ва низ ҳамаи ибодатхонаҳои баландиҳоеро, ки дар шаҳрҳои Сомария буд, ва онҳоро подшоҳони Исроил барпо намуда, Худовандро ба хашм оварда буданд, Йӯшиёҳу барҳам дод, ва бо онҳо мисли тамоми аъмоле ки дар Байт‐Ил карда буд, амал намуд.

20 Ва ҳамаи коҳинони баландиҳоро, ки дар он ҷо буданд, бар қурбонгоҳҳо кушт, ва устухонҳои одамизодро бар онҳо сӯзонид; ва ба Ерусалим баргашт.

Подшоҳ амр мефармояд,

ки иди фисҳро ба ҷо оваранд.

21 Ва подшоҳ ба тамоми қавм амр фармуда, гуфт: «Иди фисҳро барои Худованд Худои худ ба ҷо оваред, чунон ки дар ин китоби аҳд навишта шудааст».

22 Зеро ки мисли ин иди фисҳ аз айёми довароне ки бар Исроил доварӣ карда буданд, ва дар тамоми айёми подшоҳони Исроил ва подшоҳони Яҳудо ба ҷо оварда нашудааст;

23 Фақат дар соли ҳаждаҳуми подшоҳ Йӯшиёҳу ин иди фисҳ барои Худованд дар Ерусалим ба ҷо оварда шуд.

24 Ва низ ҷодугарон ва азоимхонон ва бутҳо ва ҳамаи чизҳои зиштро, ки дар замини Яҳудо ва дар Ерусалим пайдо шуда буданд, Йӯшиёҳу сузонид, то ки суханони Тавротро, ки дар китоб навишта шуда буд, ва онро Ҳилқиёи коҳин дар хонаи Худованд ёфта буд, ба амал оварад.

25 Ва монанди ӯ пеш аз ӯ подшоҳе набуд, ки бо тамоми дилаш ва бо тамоми ҷонаш ва бо тамоми қувваташ, бар тибқи тамоми Тавроти Мусо, ба Худованд руҷӯъ карда бошад; ва баъд аз ӯ монанди ӯ ба майдон наомадааст.

26 Аммо Худованд аз шиддати ғазаби бузурги Худ, ки ин ғазабаш бар Яҳудо аланга гирифта буд, ба сабаби ҳамаи бадкирдориҳои Менашше, ки бо онҳо Ӯро ба хашм оварда буд, даст накашид.

27 Ва Худованд гуфт: «Яҳудоро низ аз ҳузури Худ дур хоҳам кард, чунон ки Исроилро дур кардаам; ва ин шаҳрро, ки баргузидаам, яъне Ерусалимро бо хонае ки дар бораи он гуфтаам: „Исми Ман дар он ҷо хоҳад буд“, тарк хоҳам намуд».

Фавти Йӯшиёҳу.

28 Ва бақияи аъмоли Йӯшиёҳу, ва ҳар чи ӯ кард, дар китоби вақоеъномаи подшоҳони Яҳудо навишта шудааст.

29 Дар айёми ӯ фиръавн Накӯҳ, подшоҳи Миср, сӯи подшоҳи Ашшур, ба наҳри Фурот баромад. Ва подшоҳ Йӯшиёҳу ба истиқболи вай рафт, вале вай, вақте ки ӯро дид, ӯро дар Маҷиддӯ кушт.

30 Ва навкаронаш мурдаи ӯро дар ароба ниҳода, аз Мачиддӯ ба Ерусалим оварданд, ва ӯро дар мақбарааш дафн карданд. Ва кавми мамлақат Еҳӯоҳоз ибни Йӯшиёҳуро гирифтанд, ва ӯро тадҳин намуда, ба ҷои падараш подшоҳ карданд.

Подшоҳии Еҳӯоҳоз.

31 Дар вақти подшоҳ шуданаш Еҳӯоҳоз бисту сесола буд, ва се моҳ дар Ерусалим подшоҳӣ кард. Ва номи модараш Ҳамутал бинти Ирмиёҳу, аз Либно, буд.

32 Ва ӯ он чи дар назари Худованд бад буд, ба амал овард, мисли ҳар он чи падаронаш ба амал оварда буданд.

33 Ва ӯро фиръавн Накӯҳ дар Рибло, дар замини Ҳамот, бандӣ сохт, то ки дар Ерусалим подшоҳӣ накунад; ва бар мамлакат сад киккар нуқра ва як киккар тилло ҷарима андохт

34 Ва фиръавн Накӯҳ Эльёқим ибни Йӯшиёҳуро ба ҷои падараш Йӯшиёҳу подшоҳ карда, номи ӯро ба Еҳӯёқим мубаддал намуд; ва Еҳӯоҳозро гирифт, ва ӯ ба Миср омада, дар он ҷо мурд.

35 Ва нуқра ва тиллоро Еҳӯёқим ба фиръавн медод; аммо ба замин баҳо монд, то ки нуқраро бар тибқи фармони фиръави бидиҳад; аз қавми мамлакат, аз ҳар кас мувофиқи баҳояш, нуқра ва тиллоро ҳамчун хироҷ меситонид, то ки ба фиръавн Накӯҳ бидиҳад.

36 Дар вақти подшоҳ шуданаш Еҳӯёқим бисту панҷсола буд, ва ӯ ёздаҳ сол дар Ерусалим подшоҳӣ кард. Ва номи модараш Забуддо бинти Фадоё, аз Румо, буд.

37 Ва он чи дар назари Худованд бад буд, ба амал овард, мисли ҳар он чи падаронаш ба амал оварда буданд.

24

БОБИ БИСТУ ЧОРУМ

Еҳӯёқим ба Набукаднесар хироҷ медиҳад.

1 Дар айёми ӯ Набукаднесар, подшоҳи Бобил, лашкар кашид, ва Еҳӯёқим се сол бандаи вай буд, вале баргашта, ба муқобили вай шӯриш бардошт.

2 Ва Худованд фавҷҳои калдониён, ва фавҷҳои арамиён, ва фавҷҳои мӯобиён, ва фавҷҳои банӣ‐Аммӯнро бар ӯ фиристод, ва онҳоро бар Яҳудо фиристод, то ки онро нобуд кунад, бар ҳасби каломи Худованд, ки ба воситаи бандагонаш анбиё ба забон ронда буд.

3 Аммо ин бар ҳасби амри Худованд ба сари Яҳудо омад, то ки онро аз ҳузури худ дур андозад, ба сабаби гуноҳҳои Менашше, мувофиқи ҳар он чи ӯ ба амал оварда буд;

4 Ва низ аз боиси хуни бегуноҳон, ки ӯ рехта, Ерусалимро аз хуни бегуноҳон пур карда буд; ва Худованд нахост, ки ӯро биомурзад.

5 Ва бақияи аъмоли Еҳӯёқим, ва ҳар чи ӯ кард, дар китоби вақоеъномаи подшоҳони Яҳудо навишта шудааст.

Фавти Еҳӯёқим ва подшоҳии Еҳӯёкин.

6 Ва Еҳӯёқим бо падарони худ хобид, ва писараш Еҳӯёкин ба ҷои ӯ подшоҳ шуд.

7 Ва подшоҳи Миср дигар аз замини худ набаромад, зеро ки подшоҳи Бобил аз наҳри Миср то наҳри Фурот ҳар чиро, ки ба подшоҳи Миср тааллуқ дошт, гирифта буд.

8 Дар вақти подшоҳ шуданаш Еҳӯёкин ҳаждаҳсола буд, ва се моҳ дар Ерусалим подшоҳӣ кард, ва номи модараш Наҳушто бинти Элнотон, аз Ерусалим, буд.

9 Ва он чи дар назари Худованд бад буд, ба амал овард, мисли ҳар он чи падараш ба амал оварда буд.

10 Дар он замон навкарони Набукаднесар, подшоҳи Бобил, ба Ерусалим наздик омаданд, ва шаҳр муҳосира карда шуд.

Асорати аввалини Бобил.

11 Ва Набукаднесар, подшоҳи Бобил, ба шаҳр омад, дар сурате ки навкаронаш онро муҳосира карда буданд.

12 Ва Еҳӯёкин, подшоҳи Яҳудо, назди подшоҳи Бобил берун омад: худаш ва модараш ва навкаронаш ва миронаш ва хоҷасароёнаш; ва подшоҳи Бобил, дар соли ҳаштуми подшоҳии худ, ӯро гирифт.

13 Ва тамоми хазоини хонаи Худованд ва хазоини хонаи подшоҳро аз он ҷо берун овард; ва тамоми колои тиллоеро, ки Сулаймон, подшоҳи Исроил, барои қасри Худованд сохта буд, пора‐пора кард, чунон ки Худованд гуфта буд.

14 Ва тамоми аҳли Ерусалим, ва ҳамаи мирон, ва ҳамаи мардони ҷангиро ба асирӣ гирифта бурд, — асиршудагон даҳ ҳазор нафар буданд, — ва ҳамаи ҳунармандон ва оҳангаронро низ; ғайр аз камбағалони қавми мамлакат касе боқӣ намонд.

15 Ва Еҳӯёкинро асир карда, ба Бобил бурд; ва модари подшоҳ, ва занони подшоҳ, ва хоҷасароёнаш, ва ҳамаи бузургони мамлакатро ба асирӣ гирифта, аз Ерусалим ба Бобил бурд.

16 Ва ҳамаи мардони ҷангиро ба миқдори ҳафт ҳазор нафар, ва ҳунармандон ва оҳангаронро ба миқдори ҳазор нафар, ки ҳамаашон баҳодурони ҷангозмуда буданд, подшоҳи Бобил асир карда, ба Бобил овард.

Подшоҳии Сидқиёҳу.

17 Ва подшоҳи Бобил амаки ӯ Маттаньёро ба ҷои ӯ подшоҳ кард, ва номи варо ба Сидқиёҳу мубаддал намуд.

18 Дар вақти подшоҳ шуданаш Сидқиёҳу бисту яксола буд, ва ӯ ёздаҳ сол дар Ерусалим подшоҳӣ кард; ва номи модараш Ҳамутал бинти Ирмиёҳу, аз Либно, буд.

19 Ва он чи дар назари Худованд бад буд, ба амал овард, мисли ҳар он чи Еҳӯёқим ба амал оварда буд.

20 Зеро он чи дар Ерусалим ва Яҳудо воқеъ шуд, ба сабаби ғазаби Худованд буд, то ба дараҷае ки Ӯ онҳоро аз ҳузури Худ дур андохт. Ва Сидқиёҳу ба муқобили подшоҳи Бобил шӯриш бардошт.

25

БОБИ БИСТУ ПАНҶУМ

Муҳосираи Ерусалим ва бори дуюм ба асирӣ бурдан ба Бобил.

1 Ва чунин воқеъ шуд, ки Набукаднесар, подшоҳи Бобил, дар соли нӯҳуми подшоҳии худ, дар рӯзи даҳуми моҳи даҳум, бо тамоми лашкари худ ба Ерусалим наздик омада, дар рӯ ба рӯи он ӯрду зад, ва садди дидбонӣ гирдогирди он бино карданд.

2 Ва шаҳр то соли ёздаҳуми подшоҳ Сидқиёҳу дар ҳолати муҳосира буд.

3 Дар рӯзи нӯҳуми моҳ қаҳтӣ дар шаҳр пурзӯр шуд, ва барои қавми мамлакат нон набуд.

4 Ва шаҳр рахна карда шуд, ва ҳамаи мардони ҷангӣ шабона аз роҳи дарвозае ки дар миёни ду ҳисор назди боғи подшоҳ буд, гурехтанд; ва калдониён гирдогирди шаҳр буданд; ва подшоҳ бо роҳи даштрӯя равона шуд.

5 Ва қӯшуни калдониён подшоҳро таъқиб намуда, дар даштрӯяи Ериҳӯ ба ӯ расида гирифтанд, ва тамоми лашкараш аз пеши ӯ пароканда шуда рафтанд.

6 Ва подшоҳро дастгир карданд, ва ӯро назди подшоҳи Бобил ба Рибло оварданд, ва бар ӯ доварӣ карданд.

7 Ва писарони Сидкиёҳуро дар пеши назари ӯ куштанд; ва чашмони Сидқиёҳуро кӯр карданд, ва ӯро занҷирбанд карда, ба Бобил бурданд.

8 Ва дар рӯзи ҳафтуми моҳи панҷум, дар соли нуздаҳуми Набукаднесар, подшоҳи Бобил, Набузаръадон, сардори ҷаллодон, навкари подшоҳи Бобил, ба Ерусалим омад.

9 Ва ӯ хонаи Худованд ва хонаи подшоҳро сӯзонид; ва ҳамаи хонаҳои Ерусалим, ва ҳар хонаи бузургро бо оташ сӯзонид.

10 Ва тамоми қӯшуни калдониён, ки бо сардори ҷаллодон буданд, ҳисори гирдогирди Ерусалимро хароб карданд.

11 Ва бақияи қавмро, ки дар шаҳр монда буданд, ва таслимшудагонро, ки ба подшоҳи Бобил таслим шуда буданд, ва бақияи оммаро Набузаръадон, сардори ҷаллодон, ба асирӣ бурд.

12 Вале аз миёни камбағалони мамлакат баъзеро сардори ҷаллодон ҳамчун токдорон ва зироаткорон боқӣ гузошт.

13 Ва сутунҳои мисинро, ки дар хонаи Худованд буд, ва пояҳо, ва ҳавзи мисинро, ки дар хонаи Худованд буд, калдониён шикастанд, ва миси онҳоро ба Бобил бурданд.

14 Ва дегҳо, ва хокандозҳо, ва оташгиракҳо, ва қошуқҳо, ва тамоми колои мисинро, ки бо онҳо хизмат мекарданд, онҳо гирифтанд.

15 Ва маҷмарҳо ва косаҳоро, — хоҳ аз тилло буд, хоҳ аз нуқра, — сардори ҷаллодон гирифт.

16 Ду сутун, як ҳавз, ва пояҳое ки Сулаймон барои хонаи Худованд сохта буд, — вазни миси тамоми ин коло маълум набуд.

17 Баландии як сутун ҳаждаҳ зироъ буд; ва тоҷи мисин бар он, ва баландии тоҷ се зироъ буд; ва шабака ва анорҳо гирдогирди тоҷ, — ҳамааш аз мис буд; ва мисли инҳо барои сутуни дуюм бар шабакаи он буд.

18 Ва сардори ҷаллодон Сароёи саркоҳин, ва Сафаньёи коҳини муовин, ва се нафар остонабононро гирифт.

19 Ва аз шаҳр як хоҷасароро, ки бар мардони ҷангӣ таъин шуда буд, ва панҷ шахсро аз онҳое ки чеҳраи подшоҳро медиданд ва дар шаҳр ёфт шуданд, ва котиби сарлашкарро, ки қавми мамлакатро сафарбарӣ менамуд, ва шаст нафарро аз қавми мамлакат, ки дар шаҳр ёфт шуданд, гирифт.

20 Ва Набузаръадон, сардори ҷаллодон, онҳоро гирифта, назди подшоҳи Бобил ба Рибло бурд.

21 Ва подшоҳи Бобил онҳоро дар Рибло, дар замини Ҳамот зарба зада, кушт. Ва аҳли Яҳудо аз замини худ ба асирӣ рафтанд.

Ҷадальёҳу волии кишвар таъин карда мешавад.

22 Ва бар қавме ки дар замини Яҳудо боқӣ монда буданд, — бар онҳое ки Набукаднесар, подшоҳи Бобил, боқӣ гузошта буд, — вай Ҷадальёҳу ибни Аҳиқом ибни Шофонро таъин намуд.

23 Ва чун ҳамаи сардорони лашкар, — худашон ва одамонашон, — шуниданд, ки подшоҳи Бобил Ҷадальёҳуро таъин намудааст, онҳо назди Ҷадальёҳу ба Мисфо омаданд, яъне Исмоил ибни Натаньё, ва Йӯҳонон ибни Қореяҳ, ва Сароё ибни Танҳумати натуфотӣ, ва Еазнаёҳу ибни Маъкотӣ, — худашон ва одамонашон.

24 Ва Ҷадальёҳу ба онҳо ва одамонашон қасам хӯрда, гуфт: «Аз навкарони калдониён натарсед, дар замин сокин шуда, ба подшоҳи Бобил хизмат кунед, ва барои шумо хуб хоҳад шуд».

25 Ва дар моҳи ҳафтум чунин воқеъ шуд, ки Исмоил ибни Натаньё ибни Элишомаъ, ки аз насли подшоҳ буд, омад, ва даҳ нафар ҳамроҳонаш буданд, ва онҳо Ҷадальёҳуро зарба заданд, ва ӯ мурд; ва ҳамчунин яҳудиён ва калдониёнро, ки бо ӯ дар Мисфо буданд.

26 Ва тамоми қавм, аз хурд то калон, ва сардорони лашкар бархоста, ба Миср омаданд, зеро ки аз калдониён тарсиданд.

27 Ва дар соли сию ҳафтуми асирии Еҳӯёкин, подшоҳи Яҳудо, дар рӯзи бисту ҳафтуми моҳи дувоздаҳум, чунин воқеъ шуд, ки Эвил‐Мерӯдак, подшоҳи Бобил, дар соле ки подшоҳ шуд, Еҳӯёкин, подшоҳи Яҳудоро сарафроз намуда, аз зиндон берун овард;

28 Ва бо ӯ некхоҳона сухан ронд, ва тахти ӯро аз тахти подшоҳоне ки назди ӯ дар Бобил буданд, болотар гузошт.

29 Ва либоси зиндонии ӯро мубаддал намуд, ва ӯ ҳамеша, тамоми айёми ҳаёти худ, ба ҳузури вай хӯрок мехӯрд.

30 Ва нафақаи ӯ, нафақаи доимӣ, ба ӯ аз ҷониби подшоҳ рӯз ба рӯз, тамоми айёми ҳаёти ӯ дода мешуд.