НОМАИ ДУЮМИ

ҲАВВОРИИ МУҚАДДАС ПАВЛУС

БА ҚӮРИНТИЁН

1

БОБИ ЯКУМ

Худо — Падари марҳамат ва ҳар тасалло.

1 Павлус, ки бо иродаи Худо ҳаввории Исои Масеҳ аст, ва бародари мо Тимотиюс, ба калисои Худо, ки дар Қӯринтӯс воқеъ аст, ба ҳамаи муқаддасоне ки дар тамоми Охоия мебошанд:

2 Файз ва осоиштагӣ аз ҷониби Падари мо Худо ва Исои Масеҳи Худованд бар шумо бод.

3 Муборак аст Худо ва Падари Худованди мо Исои Масеҳ, Падари марҳаматҳо ва Худои ҳар тасалло,

4 Ки моро дар ҳар андӯҳи мо тасалло медиҳад, то ки мо андӯҳгинонро дар ҳар андӯҳашон тасалло дода тавонем бо ҳамон тасаллое ки худамон аз Худо меёбем.

5 Зеро ба андозае ки уқубатҳои Масеҳ дар мо зиёд мешавад, тасаллои мо низ ба воситаи Масеҳ меафзояд.

6 Агар андӯҳгин шавем, ин барои тасалло ва наҷоти шумост, ки он ба воситаи дидани ҳамон уқубатҳое ба амал меояд, ки мо ҳам онҳоро аз сар мегузаронем; ва агар тасалло ёбем, ин ҳам барои тасалло ва наҷоти шумост;

7 Ва умеди мо дар бораи шумо устувор аст, зеро медонем, ки ҳам дар уқубатҳо ва ҳам дар тасалло шумо шарик ҳастед.

8 Зеро намехоҳем, ки шумо, эй бародарон, аз андӯҳе ки дар вилояти Осиё ба сари мо афтод, бехабар бошед, ки он бар мо аз ҳад зиёд, ба андозаи аз қувва берун гарон омад, ба тавре ки аз зиндагӣ ҳам умеди худро кандем;

9 Ва мо дар дили худ ҳукмномаи мамотро доштем, то ки ба худамон таваккал накунем, балки ба Худои эҳьёкунандаи мурдагон,

10 Ки Ӯ моро аз чунин мамот халос кард ва ҳанӯз халос мекунад, ва ба Ӯ умед мебандем, ки боз ҳам халос хоҳад кард,

11 Бо мадади дуое ки шумо низ барои мо мегӯед, то ки барои он эҳсоне ки бо шафоати касони бисьёр ба мо ато шудааст, касони бисьёр барои мо шуқргузор бошанд.

12 Зеро фахри мо ин аст, ки виҷдони мо шаҳодат медиҳад, ки нисбат ба ҷаҳон, алалхусус ба шумо дар беайбӣ ва самимияти илоҳӣ рафтор кардаем, ва ин ба воситаи ҳикмати ҷисмонӣ набуд, балки аз файзи Худо буд.

Ҳамаи ваъдаҳои Худо дар Исои Масеҳ аст.

13 Ва мо маҳз онро ба шумо менависем, ки шумо мехонед ва мефаҳмед, ва умедворам, ки то ба охир хоҳед фаҳмид,

14 Чунон ки ҳоло қисман фаҳмидаед, ки мо барои шумо мавриди фахр хоҳем буд, чунон ки шумо низ барои мо, дар рӯзи Масеҳи Худованди мо.

15 Ва бо ҳамин эътимод ман ният доштам аввал назди шумо биёям, то ки дубора файз ёбед,

16 Ва аз мавзеи шумо ба Мақдуния гузашта равам ва боз аз Мақдуния назди шумо биёям, ва шумо маро ба Яҳудо гусел кунед.

17 Пас, модоме ки чунин ният доштам, оё бемулоҳиза рафтор кардам? Ё ки он чи ман иқдом менамоям, оё ба ҳасби ҷисм иқдом менамоям, ба тавре ки дар ман гоҳ «оре, оре», гоҳ «не, не» мешавад?

18 Худо амин аст, ки сухани мо ба шумо гоҳ «оре», гоҳ «не» набуд.

19 Зеро Писари Худо Исои Масеҳ, ки мо, яъне ман ва Силвонус ва Тимотиюс, дар миёни шумо Ӯро мавъиза намудаем, «оре» ва «не» набуд, балки дар Ӯ фақат «оре» буд, —

20 Зеро ки ҳамаи ваъдаҳои Худо дар Ӯ «оре» буд ва дар Ӯ «омин» буд, — барои ҷалоли Худо, ба воситаи мо.

21 Ва Он ки мову шуморо дар Масеҳ устувор мегардонад ва моро тадҳин намудааст, Худост,

22 Ки Ӯ низ моро мӯҳр задааст ва гарави Рӯҳро дар дилҳои мо андохтааст.

23 Ман Худоро ба шоҳидӣ бар ҷони худ даъват менамоям, ки шуморо амон дода, то ҳол ба Қӯринтӯс наомадаам,

24 На ба он сабаб ки гӯё мо бар имони шумо ҳукмфармо мешуда бошем; балки мо ба шодмонии шумо мадад мерасонем, зеро ки шумо ба василаи имон устувор ҳастед.

2

БОБИ ДУЮМ

Тавбакунандаро афв намудан лозим аст, то ки тасаллӣ ёбад.

1 Ва ман дар дили худ қарор додам, ки назди шумо боз бо ғаму ғусса наоям.

2 Зеро, агар ман шуморо ғамгин гардонам, кист, ки маро шод мекарда бошад, ҷуз касе ки аз дасти ман ғамгин шудааст?

3 Маҳз ҳаминро ба шумо навишта будам, ки мабодо дар омаданам ғамгин шавам аз онҳое ки бояд боиси шодии ман бошанд; зеро бар ҳамаатон эътимод дорам, ки шодии ман шодии ҳамаи шумост.

4 Зеро ки аз бисьёрии андӯҳ ва дилтангӣ ба шумо бо ашки фаровон навишта будам, на аз барои он ки шуморо ғамгин гардонам, балки барои он ки муҳаббати зиёдеро, ки нисбат ба шумо дорам, дарк намоед.

5 Ва агар касе сабаби ғамгинӣ шуда бошад, маро ғамгин накардааст, балки қисман, — то муболиға нашавад, — ҳамаи шуморо ғамгин кардааст.

6 Барои чунин шахс басанда аст ин танбеҳе ки аз касони бисьёр дидааст,

7 Ва акнун, баръакс, шумо ӯро афв намоед ва тасалло диҳед, то ки ғуссаи аз ҳад зиёд ӯро фурӯ набарад;

8 Бинобар ин аз шумо хоҳишмандам, ки ба ӯ муҳаббати худро зоҳир намоед.

9 Зеро маҳз барои ҳамин ҳам навишта будам, то дар амал бидонам, ки оё шумо дар ҳар бобат фармонбардор ҳастед.

10 Ва касеро шумо афв намоед, ман низ ӯро афв хоҳам кард; зеро ки ман низ, агар касеро дар чизе афв карда бошам, ба хотири шумо ба ҳузури Масеҳ афв кардаам,

11 То ки шайтон моро фирефта накунад; зеро ки аз дасисаҳои вай бехабар нестем.

12 Ва ҳангоме ки ман ба Трӯос омадам, то аз Масеҳ башорат диҳам, агарчи дарвоза барои ман дар Худованд воз шуда буд,

13 Барои рӯҳи худ оромӣ надоштам, чунки бародари худ Титусро наёфтам; ва бо онҳо хайру маъзур намуда, ба Мақдуния равона шудам.

Худо ба имондорон қувват мебахшад, то ки дар Масеҳ манмана намоянд.

14 Аммо Худоро шукр, ки Ӯ ҳамеша ба мо дар Масеҳ зафар мебахшад ва накҳати дониши Худро ба воситаи мо дар ҳар ҷо паҳн мекунад.

15 Зеро ки мо барои Худо накҳати Масеҳ ҳастем, ҳам дар миёни наҷотьёбандагон ва ҳам дар миёни нобудшавандагон:

16 Он барои баъзе касон накҳати мамот аст, ки мамот меоварад, ва барои касони дигар накҳати ҳаёт аст, ки ҳаёт меоварад. Ва кист, ки ба ин лоиқ бошад?

17 Зеро мо мисли бисьёр касон нестем, ки каломи Худоро харидуфурӯш мекунанд, балки аз самими қалб ва аз ҷониби Худо, ба ҳузури Худо, дар Масеҳ мавъиза менамоем.

3

БОБИ СЕЮМ

Қӯринтиён номаи муаррифии ҳавворӣ мебошанд; ӯ ба ҳеҷ номаи дигар эҳтиёҷ надорад.

1 Наход ки мо боз ҳудро муаррифӣ намоем? Наход ки мо, мисли баъзе касон, ба номаҳои муаррифӣ ба шумо ё аз шумо эҳтиёҷ дошта бошем?

2 Шумо номаи мо ҳастед, ки он дар дили мо навишта шудааст, ва онро ҳамаи одамон мешиносанд ва мехонанд;

3 Зеро ба ҳама маълум аст, ки шумо номаи Масеҳ ҳастед, ки он ба воситаи хизмати мо на бо сиёҳӣ, балки бо Рӯҳи Худои Ҳай, на бар лавҳаҳои сангин, балки бар лавҳаҳои гӯшти дил навишта шудааст.

4 Чунин аст эътимоди мо ба Худо ба василаи Масеҳ,

5 На ба он сабаб ки мо лаёқат дорем чизеро аз худ фикр кунем, ки он гӯё аз мо бошад, балки лаёқати мо аз Худост,

Хизматгузории Аҳди Ҷадид аз ҳарфи мурдаи шариат иборат нест.

6 Ки Ӯ ба мо лаёқат бахшидааст, ки хизматгузорони Аҳди Ҷадид бошем, на бар тибқи ҳарф, балки бар тибқи Рӯҳ, зеро ки ҳарф мекушад, аммо Рӯҳ зинда мекунад.

7 Лекин агар хизмати мамот, ки дар ҳарфҳо бар санг нақш баста буд, он қадар ҷалол дошта бошад, ки банӣ‐Исроил наметавонистанд ба рӯи Мусо нигоҳ кунанд, ба сабаби ҷалоли рӯи ӯ, ки фонӣ буд, —

8 Пас оё хизмати Рӯҳ ҷалоли зиёдтаре надорад?

9 Зеро, агар хизмати маҳкумкунӣ ҷалол дошта бошад, пас хизмати сафедкунӣ хеле зиёдтар ҷалол дорад.

10 Зеро ки ҳатто он чи соҳиби ҷалол дониста шудааст, ба сабаби ин ҷалоли афзалиятнок, ҷалоле нахоҳад дошт.

11 Зеро, агар чизи фонӣ ҷалол дошта бошад, пас чизи бақодор хеле зиёдтар ҷалол дорад.

12 Бинобар ин мо, ки чунин умед дорем, бо камоли ҷасорат амал мекунем,

13 Ва на монанди Мусо, ки ба рӯи худ парда мепӯшид, то ки банӣ‐Исроил ба анҷоми чизи фонӣ назар наандозанд.

14 Аммо зеҳни онҳо кунд шудааст: зеро ки то имрӯз ҳангоми хондани Аҳди Қадим ҳамон парда боқӣ мондааст ва бардошта нашудааст, чунки он фақат дар Масеҳ ботил мешавад.

15 То имрӯз, вақте ки онҳо Мусоро мехонанд, парда бар дилашон гузошта шудааст;

16 Аммо вақте ки ба Худованд рӯ меоваранд, парда бардошта мешавад.

17 Худованд Рӯҳ аст, ва ҳар куҷо Рӯҳи Худованд аст, он ҷо озодист.

18 Аммо ҳамаи мо, бо рӯи кушода, мисли он ки дар оина бошад, ба ҷалоли Худованд нигариста, ба ҳамон сурат аз ҷалол ба ҷалол табдил меёбем, ва ин аз Худованд, яъне аз Рӯҳ аст.

4

БОБИ ЧОРУМ

Хизматгузории масеҳӣ аз он иборат аст, ки одамонро бо дониши чалоли Худо ба воситаи Исои Масеҳ равшан намоем.

1 Бинобар ин мо, ки дорои чунин хизмат ҳастем, ки он аз рӯи марҳамат ба мо ато шудааст, ноумед намешавем;

2 Аммо чизҳои махфии нангинро рад карда, макрро ба кор намебарем ва каломи Худоро таҳриф намекунем, балки ростиро ошкор карда, худро ба виҷдони ҳар кас ба ҳузури Худо вогузор менамоем.

3 Вале агар башорати мо пӯшида бошад, он барои нобудшавандагон пӯшида аст,

4 Барои беимонҳое ки худои ин дуньё зеҳнашонро кунд кардааст, то ки нури башорати ҷалоли Масеҳ, ки Ӯ сурати Худост, барои онҳо надурахшад.

5 Зеро ки мо на худро, балки Исои Масеҳро мавъиза менамоем, ки Ӯ Худованд аст, ва мо ғуломони шумоем ба хотири Масеҳ,

6 Зеро Худое ки гуфт: «Аз зулмот нур бидурахшад», — Ҳамон аст, ки дар дилҳои мо бидурахшид, то ки бо дониши ҷалоли Худо дар шахси Исои Масеҳ моро мунаввар созад.

7 Лекин мо ин ганҷро дар зарфҳои гилин дорем, то маълум шавад, ки бартарии қувват аз они Худо бошад, на аз ҷониби мо;

Таъқибот, уқубатҳо ва мамоте ки имондорон ба хотири Масеҳ аз сар мегузаронанд, чалоли абадиро ба вуҷуд меоварад.

8 Мо аз ҳар ҷиҳат ба фишор дучор мешавем, вале дар тангӣ нестем; ҳайронем, вале маъюс намешавем;

9 Гирифтори таъқиботем, вале партофта нашудаем; сарнагун гардидаем, вале нобуд нашудаем;

10 Ҳамеша мамоти Исои Худовандро дар бадани худ бардошта мегардем, то ки ҳаёти Исо низ дар бадани мо зоҳир шавад.

11 Зеро ки мо, зиндаҳо, доимо ба хотири Исо ба мамот супурда мешавем, то ки ҳаёти Исо низ дар бадани мирандаи мо зоҳир шавад,

12 Бинобар ин мамот дар мо амал мекунад, вале ҳаёт дар шумо.

13 Аммо азбаски ҳамон рӯҳи имонро дорем, чунон ки навишта шудааст: «Имон доштам, бинобар ин мегуфтам», мо низ имон дорем, бинобар ин мегӯем,

14 Чун медонем, ки Эҳьёкунандаи Исои Худованд моро низ ба василаи Исо эҳьё намуда, бо шумо ба по хоҳад хезонд.

15 Зеро ҳама чиз барои шумост, то файзе ки дар бисьёр касон фаровон шудааст, шукргузории боз ҳам зиёдтарро барои ҷалоли Худо ба амал оварад.

16 Бинобар ин мо ноумед намешавем, ва агар одами зоҳирӣ дар мо фано шавад, одами ботинӣ рӯз ба рӯз нав мешавад.

17 Зеро уқубати сабуки мо, ки кӯтоҳмуддат аст, ҷалоли абадиро барои мо ба андозаи бениҳоят бузург ба вуҷуд меоварад,

18 Ҳангоме ки мо на ба чизҳои намоён, балки ба чизҳои нонамоён нигоҳ мекунем: зеро ки он чи намоён аст, муваққатист, аммо он чи нонамоён аст, абадист.

5

БОБИ ПАНҶУМ

Ҳама бояд ба хузури доварии Масеҳ ҳозир шаванд.

1 Зеро медонем, ки агар хонаи заминии мо, ин хайма, хароб шавад, мо иморате аз ҷониби Худо дорем, хонаи бо дасти одам сохта нашудаи абадӣ, ки дар осмон аст.

2 Аз ин рӯ мо оҳ мекашем, дар орзуи он ки хонаи худро, ки дар осмон аст, дар бар кунем:

3 То ки мо, либосе дар бар дошта бошем ҳам, бараҳна ёфт нашавем.

4 Зеро мо, ки дар ин хайма мебошем, дар таҳти боре оҳ мекашем, чунки намехоҳем либос кашем, балки дар бар кунем, то ки чизи миранда ба воситаи ҳаёт фурӯ бурда шавад.

5 Худо моро маҳз барои ҳамин ба вуҷуд оварда, ба мо гарави Рӯҳро додааст.

6 Бинобар ин мо ҳамеша зиндадил ҳастем; чун медонем, ки то даме ки дар ҷисм макон гирифтаем, мо аз Худованд дур мебошем, —

7 Зеро ки бо имон рафтор мекунем, на бо дидор, —

8 Пас зиндадил ҳастем ва афзал медонем, ки аз ҷисм берун рафта, назди Худованд макон гирем,

9 Ва ба ин сабаб саъю кӯшиш менамоем, ки хоҳ дар ин макон бошем ва хоҳ набошем, ба Ӯ мақбул афтем;

10 Зеро ҳамаи мо бояд пеши курсии доварии Масеҳ ҳозир шавем, то ки ҳар яке ба бадали амале ки дар ҳаёти ҷисми худ кардааст, хоҳ нек бошад ва хоҳ бад, бигирад.

11 Пас, мо, ки тарси Худовандро медонем, ба мардум насиҳат медиҳем; мо ба Худо ошкор ҳастем, ва умедворем, ки ба виҷдонҳои шумо низ ошкорем.

12 Худро ба шумо аз нав муаррифӣ намекунем, балки ба шумо асосе медиҳем барои он ки бо мо фахр намоед, то шумо ҷавобе дошта бошед барои онҳое ки бо чизи зоҳирӣ фахр менамоянд, на бо он чи дар дил аст.

13 Зеро, агар мо бехуд шуда бошем, ин барои Худост; ва агар солимфикр бошем, ин барои шумост.

Худо дар Масеҳ аҳли ҷаҳонро бо Худ мусолиҳа дод.

14 Зеро муҳаббати Масеҳ моро водор менамояд, ки чунин муҳокима ронем: Яке барои ҳама мурд, пас ҳама мурданд.

15 Ва Ӯ барои ҳама мурд, то ки зиндаҳо акнун на аз барои худашон зиндагӣ кунанд, балки барои Ӯ, ки аз барои онҳо мурд ва эҳьё шуд.

16 Бинобар ин мо минбаъд ҳеҷ касро ба ҳасби ҷисм намешиносем. Ва агар Масеҳро ба ҳасби ҷисм шинохта бошем, алҳол дигар намешиносем.

17 Пас, касе ки дар Масеҳ аст, махлуқи навест; чизҳои қадима гузаштааст, ва инак ҳама чиз нав шудааст.

18 Ва ҳама чиз аз ҷониби Худост, ки моро ба воситаи Исои Масеҳ бо Худ мусолиҳа дод ва хизмати мусолиҳаро ба мо супурд,

19 Чунки Худо дар Масеҳ буда, аҳли ҷаҳонро бо Худ мусолиҳа дод, ҷиноятҳои онҳоро ба ҳисобашон надаровард ва каломи мусолиҳаро ба мо супурд.

20 Пас, мо элчиёни Масеҳ ҳастем, гӯё ки Худо ба воситаи мо хоҳишманд аст. Мо аз тарафи Масеҳ илтимос мекунем: бо Худо мусолиҳа намоед.

21 Зеро Ӯро, ки аз гуноҳ бехабар буд, барои мо қурбони гуноҳ сохт, то ки мо дар Ӯ адолати Худо шавем.

6

БОБИ ШАШУМ

Қуввати хизматгузорӣ ба Худо аз каломи ростӣ иборат аст.

1 Мо, ки мададгорони Ӯ ҳастем, аз шумо илтимос мекунем, ки файзи Худоро бефоида қабул накунед.

2 Зеро ки Ӯ мегӯяд:

«Дар вақти мусоид туро иҷобат намудам

ва дар рӯзи наҷот ба ту мадад кардам».

Инак алҳол вақти мусоид аст, инак алҳол рӯзи наҷот аст.

3 Дар ҳеҷ чиз мо мамониат намерасонем, то ки хизмати мо ба мазаммат дучор нашавад,

4 Балки дар ҳар чиз худро ҳамчун хизматгузорони Худо зоҳир месозем: дар сабри бисьёр, дар мусибатҳо, дар мӯҳтоҷиҳо, дар тангиҳо,

5 Дар зери зарбаҳо, дар зиндонҳо, дар ошӯбҳо, дар меҳнатҳо, дар бехобиҳо, дар рӯзадориҳо,

6 Дар покӣ, дар дониш, дар сабр, дар меҳрубонӣ, дар Рӯҳулқудс, дар муҳаббати бериё,

7 Дар каломи ростӣ, дар қуввати Худо, бо аслиҳаи адолат дар дасти рост ва чап,

8 Дар шараф ва бешарафӣ, дар бадномӣ ва некномӣ; моро фиребгар мешуморанд, лекин мо амин ҳастем;

9 Мисли номашҳур, лекин мо ба ҳама машҳур ҳастем; мисли мурдагон, вале инак, мо зинда ҳастем; ҷазо мебинем, лекин мо намемирем;

10 Мисли ғамгин, лекин мо ҳамеша шодӣ мекунем; бенаво, вале мо бисьёр касонро сарватдор мегардонем; тамоман нодор, лекин мо дорои ҳама чиз ҳастем.

Имондорон аз палид шудан ба воситаи гуноҳкорон худро бояд нигоҳ доранд.

11 Даҳони мо, эй қӯринтиён, сӯи шумо кушода шудааст, дили мо фарох аст.

12 Барои шумо дар мо ҷой танг нест, лекин андаруни худатон ҷой танг аст.

13 Дар ивази ин, — чун ба фарзандони худ мегӯям, — шумо низ бояд фарохдил бошед.

14 Зери юғи бегона бо якҷоягии беимонон сар хам накунед. Зеро ки адолат бо шарорат чӣ алоқае дорад? Ва нур бо зулмот чӣ умумияте дорад?

15 Масеҳ бо блияал+ 6:15 Блияал — калимаи ибриест, ки дар Таврот куфр, шарорат, ҳалокат ва баъзан иблисро мефаҳмонад. Дар ин ҷо ба маънои иблис омадааст. чӣ созгорӣ дорад? Ё имондор бо беимон чӣ ширкате дорад?

16 Ва маъбади Худо бо бутҳо чӣ мувофиқат дорад? Зеро ки шумо маъбади Худои Ҳай ҳастед, чунон ки Худо гуфтааст:

«Андаруни онҳо сокин шуда,

дар миёни онҳо роҳ хоҳам рафт;

ва Худои онҳо хоҳам буд, ва онҳо қавми Ман хоҳанд буд.

17 Бинобар ин аз миёни онҳо берун оед ва ҷудо шавед,

мегӯяд Худованд, ва ба чизи нопок нарасед,

ва Ман шуморо қабул хоҳам кард;

18 Ва Падари шумо хоҳам буд,

ва шумо писарон ва духтарони Ман хоҳед буд,

мегӯяд Худованди Қодири Мутлақ».

7

БОБИ ҲАФТУМ

Ғами дуньёвӣ мамотро ба амал меоварад, вале ғаме ки Худо додааст, тавбаро дар роҳи наҷот ба амал меоварад.

1 Пас, эй маҳбубонам, дар сурате ки чунин ваъдаҳо дорем, худамонро аз ҳар гуна наҷосати ҷисм ва рӯҳ тоза карда, қудсияти худро дар тарси Худо мукаммал намоем.

2 Дар дилҳои худ ба мо ҷой диҳед: мо касеро наранҷондаем, ба касе осеб нарасондаем, аз касе истифода набурдаем.

3 На аз барои мазаммат мегӯям: зеро пештар гуфта будам, ки шумо дар дили мо ҳастед, то ки бо ҳам бимирем ва бо ҳам зист кунем.

4 Умеди ман аз шумо бисьёр аст, фахри ман аз шумо бузург аст; бо вуҷуди тамоми андӯҳи мо, пур аз тасалло ҳастам ва шодии фаровон дорам.

5 Зеро, вақте ки ба Мақдуния ҳам омадем, ҷисми мо оромӣ надошт, балки аз ҳар сӯ ба фишор дучор шудем: аз берун — ҷидолҳо, аз дарун — ҳаросҳо буд.

6 Аммо Худое ки ба фурӯтанон тасалло мебахшад, бо омадани Титус моро тасалло дод,

7 Ва на танҳо бо омадани ӯ, балки бо он тасаллое низ, ки ӯ дар шумо ёфта буд, вақте ки аз иштиёқмандии шумо, аз навҳаи шумо ва аз рашке ки шумо дар ҳаққи ман доред, ба мо нақл кард, ба тавре ки ман боз зиёдтар шод шудам.

8 Бинобар ин, агар шуморо бо нома ғамгин карда бошам, пушаймон нестам, гарчанде ки пештар пушаймон шуда будам; зеро дидам, ки он нома шуморо, ба соате бошад ҳам, ғамгин кард.

9 Алҳол ман шодам на аз он ки шумо ғамгин шудаед, балки аз он ки ғами шумо боиси тавба гардидааст, зеро ки ғами шумо аз тарафи Худо буд, ба тавре ки аз мо ҳеҷ зиёне надидаед.

10 Зеро ғаме ки Худо додааст, тавбаро дар роҳи наҷот ба амал меоварад, ки аз он пушаймонӣ нест, лекин ғами дуньёвӣ мамотро ба амал меоварад.

11 Зеро бубинед, ки ғами Худо додаро хӯрданатон чӣ гуна ҷидду ҷаҳдро, чӣ гуна узрхоҳиро, чӣ гуна тарсро, чӣ гуна шавқро, чӣ гуна рашкро, чӣ гуна қасосро дар шумо ба амал овард! Ва дар ҳамааш шумо нишон додед, ки дар ин кор пок ҳастед.

12 Хуллас, агарчи ман ба шумо навишта будам, ин на аз барои золим ва на аз барои мазлум, балки барои он буд, ки ҷидду ҷаҳди мо дар ҳаққи шумо ба ҳузури Худо ба шумо ошкор гардад.

13 Ба ин сабаб мо аз тасаллои шумо тасалло ёфтем; лекин боз ҳам зиёдтар мо аз шодии Титус шод шудем, чунки ҳамаатон рӯҳи ӯро ором кардаед.

14 Зеро, агар ман дар бораи шумо пеши ӯ аз чизе фахр карда бошам, хиҷил нашудам, балки, чунон ки мо ҳар гапро дар хусуси шумо ба ростӣ гуфта будем, фахри мо низ ончунон пеши Титус рост баромад.

15 Ва дили ӯ боз ҳам зиёдтар сӯи шумо моил мешавад, вақте ки фармонбардории ҳамаатонро ба ёд меоварад, ки чӣ гуна шумо ӯро бо тарсу ларз пазироӣ намудаед.

16 Пас шодмонам, ки дар ҳар бобат метавонам аз шумо дилпур бошам.

8

БОБИ ҲАШТУМ

Меҳмоннавозӣ ва ионатҳо далели муҳаббати масеҳӣ мебошанд.

1 Шуморо, эй бародарон, дар бораи файзи Худо, ки ба калисоҳои Мақдуния ато шудааст, огоҳ менамоем;

2 Зеро ки дар миёни имтиҳони бузурги андӯҳҳо фаровонии шодии онҳо ва бенавоии сахти онҳо дар ҳиммати баландашон пурра зоҳир шуд;

3 Зеро ман шоҳиди онам, ки онҳо алоқадри қувваташон ва берун аз қувваташон сахӣ буданд:

4 Онҳо бо камоли исрор аз мо илтимос карданд, ки дар кори хайр ба мадади муқаддасон шарики мо бошанд;

5 Ва на фақат ба тавре ки мо чашм доштем, балки худашонро пешкаш карданд, аввалан ба Худованд ва сониян ба мо низ мувофиқи иродаи Худо;

6 Бинобар ин мо аз Титус хоҳиш намудем, ки ӯ, чӣ тавре сар кардааст, ҳамон тавр ин кори хайрро ҳам дар миёни шумо ба анҷом расонад.

7 Аммо, чунон ки шумо дар ҳар чиз: дар имон ва калом, дар дониш ва ҳар гуна ҷидду ҷаҳд ва дар муҳаббати худ нисбат ба мо афзунӣ доред, ончунон дар ин кори хайр ҳам афзунӣ зоҳир намоед.

8 Инро ба таври фармон намегӯям, балки ба воситаи ҷидду ҷаҳди дигарон самимияти муҳаббати шуморо низ меозмоям.

9 Зеро шумо файзи Худованди мо Исои Масеҳро медонед, ки Ӯ сарватдор буда, барои шумо бенаво шуд, то ки шумо ба воситаи бенавоии Ӯ сарватдор шавед.

10 Дар ин хусус ман фикри худро баён мекунам; зеро ки ин ба шумо фоиданок аст, чунки на танҳо ба ин кор шурӯъ намудаед, балки соли гузашта онро орзу ҳам карда будед.

11 Ва акнун худи корро низ ба оҳир расонед, то ки он чи шумо орзуи ба амал овардан доштед, алоқадри ҳолатон анҷом ёбад.

12 Зеро, кас агар ҳиммат дошта бошад, аз рӯи он чи ӯ дорад, мақбул меафтад, на аз рӯи он чи ӯ надорад.

13 На он тавр, ки ба дигарон сабук ва ба шумо гарон афтад, балки ба таври баробарӣ:

14 Алҳол зиёдатии шумо камии онҳоро пур мекунад, то ки баъд зиёдатии онҳо низ камии шуморо пур кунад, ва баробарӣ ба амал ояд,

15 Чунон ки навишта шудааст: «Касе ки бисьёр ҷамъ карда буд, зиёдатӣ надошт, ва касе ки кам ҷамъ карда буд, камӣ надошт».

16 Худоро шукр, ки чунин ҷидду ҷаҳдро нисбат ба шумо дар дили Титус ҷо кардааст,

17 Зеро ки ӯ ба илтимоси мо гӯш андохт ва, азбаски ҷидду ҷаҳди зиёде дошт, бо иҳтиёри худ сӯи шумо равона шуд.

18 Бо ӯ мо бародареро равона кардем, ки дар ҳамаи калисоҳо барои башорат лоиқи таҳсин гардидааст,

19 Ва ғайр аз ин, аз ҷониби калисоҳо таъин шудааст, ки дар ин кори хайр ба мо ҳамроҳӣ кунад, ки ҳизмати онро мо барои ҷалоли Худованд ва мувофиқи ҷидду ҷаҳди шумо ба ҷо меоварем,

20 Ва эҳтиёт мекунем аз он ки касе дар ҳаққи мо бӯҳтоне нагӯяд, оид ба ин ионати фаровоне ки бо ҳизмати мо ба даст оварда мешавад;

21 Зеро ки мо кори некро на танҳо ба ҳузури Худованд, балки пеши мардум низ пешбинӣ мекунем.

22 Бо онҳо мо бародари худро низ фиристодем, ки ҷидду ҷаҳди ӯро дар бисьёр чизҳо дафъаи бисьёр имтиҳон намудаем, ва алҳол ҷидду ҷаҳдаш, азбаски ӯ ба шумо эътимоди бузург дорад, боз ҳам зиёд шудааст.

23 Дар хусуси Титус бошад, ӯ рафиқ ва ҳамкори ман аст назди шумо; дар хусуси бародарони мо бошад, онҳо фиристодагони калисоҳо ва ҷалоли Масеҳ мебошанд.

24 Пас, муҳаббати худро, ва он фаҳреро, ки мо аз шумо дорем, пеши калисоҳо ба онҳо исбот кунед.

9

БОБИ НӮҲУМ

Калисои Қӯринтӯс дар ҷамъ кардани ионатҳо ҷидду ҷаҳди зиёде мекард.

1 Дар бораи хизмате ки ба мадади муқаддасон аст, ба шумо навиштанам зиёдатист,

2 Зеро ҷидду ҷаҳди шуморо медонам ва аз шумо пеши аҳли Мақдуния фахр менамоям, ки Охоия аз соли гузашта тайёр шудааст; ва иштиёқи шумо аксарияти онҳоро ба шавқ овард.

3 Бародаронро барои он фиристодам, ки фаҳре ки мо аз шумо дорем, беҳуда набарояд, то ки шумо, чунон ки гуфтаам, тайёр бошед,

4 То ки, агар аз аҳли Мақдуния бо ман омада, шуморо нотайёр ёбанд, мо, — намегӯям, ки «шумо», — аз чунин эътимоде ки бо он фахр кардаем, хиҷил нашавем.

5 Бинобар ин лозим донистам аз бародарон илтимос кунам, ки аз ман пештар назди шумо рафта, хайроти ваъдагии шуморо пешакӣ муҳайё кунанд, то ки он ҳамчун хайроте тайёр бошад, на ҳамчун хироҷе.

Худо он касро дӯст медорад, ки сахӣ бошад.

6 Хуллас, касе ки хасисона мекорад, вай хасисона дарав мекунад, ва касе ки саховатмандона мекорад, вай саховатмандона дарав мекунад.

7 Бигзор ҳар кас ба дилхоҳи худ бидиҳад, на бо ғамгинӣ ва на ба таври маҷбурӣ; зеро Худо он касро дӯст медорад, ки сахӣ бошад.

8 Ва Худо қодир аст ҳар гуна файзро дар шумо афзун кунад, то ки шумо ҳамеша аз ҳар ҷиҳат ба қадри кофӣ қонеъ буда, барои ҳар кори хайр афзунӣ зоҳир намоед,

9 Чунон ки навишта шудааст:

«Исроф намудааст: ба мискинон тақсим карда додааст;

кори хайраш то абад қоим аст».

10 Ва Он ки барои коранда тухм ва барои хӯранда нон муҳайё менамояд, кишти шуморо фаровон ва самари кори хайри шуморо афзун хоҳад кард,

11 То ки шумо дар ҳар чиз барои ҳар гуна саховат бой гардед, ки он ба воситаи мо шукри Худоро ба амал меоварад.

12 Зеро ба ҷо овардани ин хизмат на танҳо норасогии муқаддасонро пур мекунад, балки шукри Худоро низ бениҳоят афзун мегардонад;

13 Зеро ки, дар натиҷаи ин хизмат, онҳо Худоро ҳамду сано мехонанд барои итоати шумо ба Инҷиле ки пайравӣ менамоед, ва барои ҳиммати шумо дар ширкате ки бо онҳо ва бо ҳама доред,

14 Ва онҳо дар дуое ки дар ҳаққи шумо мегӯянд, барои файзи Худо, ки дар шумо фаровон аст, иштиёқманди шумо мебошанд.

15 Худоро шукр бод барои бахшоиши молокаломи Ӯ!

10

БОБИ ДАҲУМ

Ҳар кӣ фахр мекунад, бигзор бо Худованд фахр кунад.

1 Лекин ман, Павлус, ки шахсан дар миёни шумо хоксорам, вале ғоибона бар шумо ҷасорат дорам, шуморо бо фурӯтанӣ ва меҳрубонии Масеҳ даъват менамоям,

2 Ва илтимос мекунам, ки дар омадани худ он ҷасорати қатъиро ба кор набарам, ки ният дорам ба муқобили баъзе касоне зоҳир созам, ки ба гумонашон мо ба ҳасби ҷисм рафтор менамоем.

3 Зеро ки мо, агарчи дар ҷисм зиндагӣ мекунем, ба ҳасби ҷисм намеҷангем;

4 Зеро аслиҳаи ҷанги мо ҷисмонӣ нест, балки назди Худо боиқтидор аст барои хароб кардани қалъаҳо;

5 Мо дасисаҳо ва ҳар баландгириро, ки бар зидди дониши Худо қиём мекунад, сарнагун месозем ва ҳар фикрро ба итоати Масеҳ асир мекунем,

6 Ва тайёр ҳастем ҳар беитоатиро ҷазо диҳем, вақте ки итоати шумо комил гардад.

7 Оё аз рӯи қиёфа ҳукм мекунед? Агар касе ба худаш эътимод дорад, ки ӯ аз они Масеҳ аст, бигзор вай боз ҳам аз худаш қиёс гирад, ки чунон ки вай аз они Масеҳ аст, ончунон мо низ аз они Масеҳ ҳастем.

8 Зеро, агар ман як қадар зиёдтар фахр намоям аз ихтиёре ки Худованд барои буньёдкорӣ, на барои харобкории шумо, ба мо додааст, хиҷил нахоҳам шуд,

9 То ба назар чунин нанамояд, ки гӯё ман шуморо бо номаҳо тарсонда истодаам,

10 Чунки мегӯянд: «Дар номаҳо ӯ ҷиддӣ ва зӯровар аст, аммо ҳузури шахсии ӯ заиф, ва нутқаш ночиз аст».

11 Чунин шахс бидонад, ки мо дар каломи номаҳои ғоибона чӣ гунае ки бошем, амалан, дар хузури шахсӣ низ ҳамон гунаем.

12 Зеро ки мо ҷуръат намекунем худро бо касони худсито муқоиса намоем ё баробар кунем: онҳое ки худро бо худ андоза мекунанд ва худро бо худ муқоиса менамоянд, хирад надоранд.

13 Лекин мо берун аз андоза фахр наҳоҳем кард, балки ба андозаи он ҳадде ки Худо барои мо муайян кардааст, то ки ба шумо ҳам бирасем.

14 Мо аз ҳадди худ намегузарем, ки гӯё ба шумо нарасида бошем, зеро ки бо Инҷили Масеҳ ба шумо ҳам расидаем.

15 Мо берун аз андоза бо меҳнатҳои дигарон фахр намекунем, лекин умед дорем, ки ҳар қадар имонатон зиёдтар шавад, ҳадди кори мо низ дар миёни шумо афзоиш хоҳад ёфт,

16 То ки дар ҷойҳои аз шумо дуртар ҳам Инҷилро мавъиза намоем ва бо он чи дар ҳадди кори дигарон муҳайё шудааст, фахр накунем.

17 Ва ҳар кӣ фахр мекунад, бигзор бо Худованд фаҳр кунад.

18 Зеро на он кас арзанда аст, ки худро ситоиш мекунад, балки он кас, ки Худованд ӯро ситоиш мекунад.

11

БОБИ ЁЗДАҲУМ

Бо Худованд фахр кардан кашида гирифта намешавад.

1 Кошки беақлии маро як қадар таҳаммул кунед! Лекин маро таҳаммул ҳам мекунед.

2 Зеро ман дар ҳаққи шумо бо рашки Худо рашк менамоям, чунки шуморо ба марди ягонае номзад сохтаам, то ки чун бокираи поке ба Масеҳ пешниҳод намоям.

3 Аммо тарси он дорам, ки чӣ тавре ки мор бо макри худ Ҳавворо фирефта намуд, ҳамон тавр афкори шумо низ фосид шуда, аз самимияте ки дар Масеҳ аст, рӯ хоҳад тофт.

4 Зеро, агар касе омада, Исои дигареро мавъиза намояд, ғайр аз Он, ки мо Ӯро мавъиза кардем, ё шумо рӯҳи дигаре гиред, ғайр аз он ки гирифтед, ё башорати дигаре, ғайр аз он чи қабул кардед, — шумо онро ба хубӣ таҳаммул менамоед.

5 Аммо ман гумон мекунам, ки аз он ҳаввориёни олӣ ҳеҷ камӣ надорам:

6 Агарчи дар нутқ моҳир нестам, аммо на дар дониш. Лекин мо аз ҳар хусус ба шумо комилан маълум ҳастем.

Беғаразии ҳавворӣ дар башорати Инҷил.

7 Оё ман гуноҳ кардам, ки худро ҳақир сохтам, то ки шуморо сарбаланд гардонам, чунки Инҷили Худоро ба шумо муфт мавъиза намудам?

8 Ман боиси харҷи калисоҳои дигар гардида, аз онҳо музд гирифтам, то ки хизмати шуморо ба ҷо оварам; ва ҳангоме ки назди шумо будам, мӯҳтоҷӣ кашида бошам ҳам, ба касе гаронӣ накардам,

9 Зеро бародароне ки аз Мақдуния омаданд, норасогии маро пур карданд; худам низ саъю кӯшиш намудам ва хоҳам намуд, ки дар ҳеҷ чиз ба шумо гаронӣ накунам.

10 Ба ростии Масеҳ, ки дар ман аст, мегӯям: ин фахр дар кишварҳои Охоия аз ман кашида гирифта намешавад.

11 Аз чӣ сабаб? Оё аз он сабаб ки ман шуморо дӯст намедорам? Худо медонад!

12 Аммо он чи мекунам, боз ҳам хоҳам кард, то баҳонаи одамонеро беасос кунам, ки баҳона меҷӯянд, то дар он чи фахр мекунанд, худро бо мо баробар созанд.

Павлус, назар ба душманонаш, бештар уқубат кашидааст.

13 Зеро ки онҳо ҳаввориёни козиб ва арбобони маккор ҳастанд, ки шакли ҳаввориёни Масеҳро мегиранд.

14 Ва ин тааҷҷубовар нест: зеро ки худи шайтон шакли фариштаи нурро мегирад.

15 Бинобар ин кори бузург нест, ки агар хизматгузорони вай низ шакли хизматгузорони адолатро бигиранд; лекин фарҷомашон аз рӯи аъмолашон хоҳад буд.

16 Боз мегӯям: касе маро беақл надонад; ва агар ин тавр набошад, пас маро лоақал ҳамчун беақле қабул кунед, то ки ман ҳам андаке фахр намоям.

17 Он чи мегӯям, на аз рӯи тариқи Худованд мегӯям, балки гӯё аз рӯи беақлӣ, бо чунин эътимоде ки дар фахр аст.

18 Чӣ тавре ки бисьёр касон ба ҳасби ҷисм фахр мекунанд, ман низ фахр хоҳам кард.

19 Зеро шумо, ки оқил ҳастед, беақлонро бо майли тамом таҳаммул менамоед.

20 Зеро, агар касе шуморо ғулом гардонад, агар касе ҳаққи шуморо хӯрад, агар касе шуморо ғорат кунад, агар касе худро баланд гирад, агар касе шуморо торсакӣ занад, шумо ӯро таҳаммул менамоед.

21 Бо хиҷолат мегӯям, ки гӯё қуввати мо ба ин корҳо нарасидааст. Лекин агар касе дар чизе ҷуръат дошта бошад, аз рӯи беақлӣ мегӯям, ки ман низ ҷуръат дорам.

22 Онҳо ибронӣ ҳастанд? Ман низ ҳастам. Исроилӣ ҳастанд? Ман низ ҳастам. Насли Иброҳим ҳастанд? Ман низ ҳастам.

23 Хизматгузорони Масеҳ ҳастанд? Мисли касе ки ҳолати ҷунун дорад, мегӯям, ки ман боз ҳам бештар ҳастам: дар меҳнатҳо — бештар, дар зери зарбаҳо — аз андоза берун, дар зиндонҳо — бештар, дар чанголи аҷал — дафъаи бисьёр.

24 Панҷ маротиба аз дасти яҳудиён як кам чилтагӣ тозиёна хӯрдам;

25 Се бор маро калтаккорӣ карданд, як карат сангсор карданд, се карат киштии ман ғарқ шуда, шабу рӯзро дар қаъри баҳр гузарондам;

26 Дафъаи бисьёр дар сафарҳо будам, дар хатарҳои дарьёҳо, дар хатарҳои роҳзанон, дар хатарҳо аз ҷониби қавми худ, дар хатарҳо аз ҷониби халқҳо, дар хатарҳо дар шаҳр, дар хатарҳо дар биёбон, дар хатарҳо дар баҳр, дар хатарҳо дар миёни бародарони козиб,

27 Дар меҳнат ва дар аҷз, аксар вақт бе хоб, дар гуруснагӣ ва ташнагӣ, аксар вақт дар рӯзадорӣ, дар сармо ва дар бараҳнагӣ.

28 Ғайр аз чизҳои дигар, шабу рӯз ғамхорӣ дар бораи ҳамаи калисоҳо бар зиммаи ман аст.

29 Касе беҳол шавад, ман беҳол намешавам? Касе ба васваса афтад, ман намесӯзам?

30 Агар фахр кардан лозим бошад, аз заъфи худ фахр мекунам.

31 Худо ва Падари Худованди мо Исои Масеҳ, ки то абад муборак аст, медонад, ки дурӯғ намегӯям.

32 Дар Димишқ волии подшоҳ Аретас шаҳри димишқиёнро посбонӣ мекард, то ки маро дастгир намояд; ва маро аз тиреза дар сабаде аз болои қалъа фуроварданд, ва ман аз дасти вай халос шудам.

12

БОБИ ДУВОЗДАҲУМ

Қуввати файзи Масеҳ дар заъфи имондор ба амал меояд.

1 Агарчи фахр карданам фоида надорад, ба рӯъёҳо ва ваҳйҳои Худованд меоям.

2 Шахсеро дар Масеҳ мешиносам, ки чордаҳ сол пеш аз ин, — оё дар ҷисм буд, намедонам; оё берун аз ҷисм буд, намедонам, Худо медонад, — то осмони сеюм бурда шуд.

3 Ва ин шахсро мешиносам, — оё дар ҷисм буд, намедонам; оё берун аз ҷисм буд, намедонам, Худо медонад, —

4 Ки ба биҳишт бурда шуд ва суханони молокаломе шунид, ки ба одамизод ҷоиз нест онҳоро ифода намояд.

5 Аз чунин шахс фахр хоҳам кард; лекин аз худам, ҷуз аз заъфҳоям, фахр намекунам.

6 Зеро, агар фахр кардан хоҳам, беақл намешавам, чунки рости гапро мегӯям; лекин худдорӣ менамоям, то касе дар ҳаққи ман аз он чи дар ман мебинад ё аз ман мешунавад, зиёдтар гумон накунад.

7 Ва барои он ки ман ба сабаби фавқулоддагии ин ваҳйҳо худро баланд нагирам, неше дар ҷисми ман ҷой дода шудааст, яъне қосиди шайтон барои нихта задани ман, то ки худро баланд нагирам.

8 Се маротиба ман ба Худованд тазаррӯъ намудам, ки онро аз ман дур кунад,

9 Вале ба ман гуфт: «Барои ту файзи Ман басанда аст, зеро ки қуввати Ман дар заъф комил мешавад». Ба ин сабаб ман бо рағбати бештар аз заъфҳои худ фахр менамоям, то ки қуввати Масеҳ дар ман сокин гардад.

10 Бинобар ин ман аз заъфҳо, озорҳо, мӯҳтоҷиҳо, таъқиботҳо ва ситамҳое ки ба хотири Масеҳ мебинам, дилшодам, зеро ки дар ҳолати заъф боқувватам.

11 Бо фахр карданам то ба дараҷаи беақлӣ расидаам: шумо маро маҷбур сохтед. Шуморо лозим буд маро мадҳ менамудед, зеро ки ман аз ҳаввориёни олӣ дар ҳеҷ бобат камӣ надорам, гарчанде ки ҳеҷам:

12 Нишонаҳои ҳавворӣ дар миёни шумо бо камоли сабр дар аломот, мӯъҷизот ва қувваҳо нишон дода шуд.

13 Зеро дар чӣ шумо аз калисоҳои дигар камӣ доред? Магар фақат дар он ки ман ба шумо гаронӣ накардаам? Ин гуноҳи маро афв намоед!

Павлуси ҳавворӣ барои ибрат гирифтани имондорон нома менависад.

14 Инак, дафъаи сеюм аст, ки ман тайёрам назди шумо биёям, ва ба шумо гаронӣ нахоҳам кард, чунки на чизу чораи шуморо, балки худатонро талабгорам. Зеро ки на фарзандон бояд барои падарону модарони худ саришта кунанд, балки падарону модарон барои фарзандон.

15 Ман бо майли тамом барои ҷонҳои шумо моли худро сарф намуда, ҷони худро хоҳам дод, қатъи назар аз он ки ба бадали муҳаббати зиёде ки ба шумо дорам, аз ҷониби шумо ба худам муҳаббати камтаре мебинам.

16 Фарз кунем, ки ман ба шумо гаронӣ накардаам, лекин, ҳамчун шахси муғамбир, шуморо бо макр ба дом даровардаам.

17 Оё ба воситаи яке аз онҳое ки назди шумо фиристодам, фоидае аз шумо ба даст овардам?

18 Аз Титус илтимос намуда, бародареро бо ӯ равона кардам: магар Титус аз шумо фоидае ба даст овард? Оё мо дар як рӯҳ рафтор накардем?

19 Оё гумон доред, ки мо худро пеши шумо сафед карда истодаем? Мо ба ҳузури Худо, дар Масеҳ сухан меронем, ва ҳамаи ин, эй маҳбубонам, барои ибрат гирифтани шумост.

20 Зеро метарсам, ки дар омаданам мабодо шуморо, ончунон ки меҳоҳам, наёбам, шумо низ маро, ончунон ки меҳоҳед, наёбед; мабодо низоъ, ҳасад, ҳашм, ҷанҷол, бӯҳтон, ғайбат, ғурур ва бетартибиҳо мавҷуд бошад;

21 Мабодо боз, вақте ки оям, Худои ман маро назди шумо ҳақир созад, ва ман азо гирам барои бисьёр касоне ки пештар гуноҳ кардаанд ва аз нопокӣ, зино ва фисқу фуҷуре ки ба амал овардаанд, тавба накардаанд.

13

БОБИ СЕЗДАҲУМ

Имондоронро лозим аст, ки худро дар қуввати файзи Масеҳ тафтиш ва имтиҳон кунанд.

1 Дафъаи сеюм аст, ки назди шумо меоям: бо гувоҳии ду ё се шоҳид ҳар сухан исбот хоҳад шуд.

2 Онҳоеро, ки пештар гуноҳ кардаанд, ва ҳамаи дигаронро, — ҳам он вақт, ки дафъаи дуюм омада будам, ва ҳам ҳоло, ки ғоиб ҳастам, — таъкид намудаам ва таъкид менамоям, ки агар боз оям, амон нахоҳам дод.

3 Шумо далели онро меҷӯед, ки оё Масеҳ дар ман суҳан меронад: Ӯ барои шумо оҷиз нест, балки дар миёни шумо боиқтидор аст.

4 Зеро, агарчи Ӯ дар ҳолати заъф маслуб шуд, лекин бо қуввати Худо зинда аст; мо низ дар Ӯ заиф ҳастем, лекин ҳамроҳи Ӯ бо қуввати Худо, ки дар шумост, зиндагӣ хоҳем кард.

5 Худро тафтиш намоед, ки оё дар имон ҳастед? Худро имтиҳон кунед. Ё шумо ҳудро намешиносед, ки Исои Масеҳ дар шумост? Магар ин ки шумо на ончунон ҳастед, ки бояд бошед.

6 Дар ҳусуси мо, умедворам, шумо ҳоҳед донист, ки мо ончунон ҳастем, ки бояд бошем.

7 Мо ба Худо тазаррӯъ менамоем, ки шумо ҳеҷ бадӣ накунед, на аз барои он ки мо худро ончунон нишон диҳем, ки бояд бошем; балки аз барои он ки шумо некӣ кунед, агарчи мо на ончунон ба назар намоем, ки бояд бошем.

8 Зеро ки мо на бар зидди ростӣ, балки фақат барои ростӣ қувват дорем.

9 Зеро шодӣ мекунем, вақте ки мо заиф ҳастем, вале шумо боқувват; ва барои ҳамин, яъне дар хусуси комил шуданатон, мо дуо мегӯем.

10 Аз он сабаб ман инро дар вақти набуданам навиштаам, ки дар омаданам сахтгирӣ накунам аз рӯи он ихтиёре ки Худованд ба ман, на аз барои харобкорӣ, балки барои буньёдкорӣ додааст.

Насиҳатҳои хотимавӣ.

Саломҳо.

11 Хуллас, эй бародарон, шод бошед! Комил шавед, тасалло ёбед, якдил бошед, осоиштагиро ҳифз намоед, — ва Худои муҳаббат ва осоиштагӣ бо шумо хоҳад буд.

12 Ба якдигар бо бӯсаи муқаддас салом расонед. Ҳамаи муқаддасон ба шумо салом мерасонанд.

13 Файзи Исои Масеҳи Худованд, ва муҳаббати Худо, ва ширкати Рӯҳулқудс бо ҳамаатон бод. Омин.