КИТОБИ

ДУЮМИ ВАҚОЕЪНОМА

1

БОБИ ЯКУМ

Подшоҳ шудани Сулаймон ва тақдим кардани қурбониҳо дар Ҷибъӯн.

1 Ва Сулаймон ибни Довуд дар салтанати худ мустаҳкам шуд, ва Худованд Худои ӯ бо ӯ буд, ва ӯро бузург гардонида, баланд бардошт.

2 Ва Сулаймон ба тамоми Исроил: ба мириҳазорҳо ва мирисадҳо, ва доварон, ва ҳамаи раисоне ки дар тамоми Исроил буданд, ба сардорони хонаво даҳо амр фармуд,

3 Ва Сулаймон, ва тамоми ҷамоат ҳамроҳи у, ба суи баландие ки дар Ҷибъӯн буд, рафтанд, зеро хаймаи ҷомеи Худо, ки Мусо, бандаи Худо, онро дар биёбон сохта буд, дар он ҷо воқеъ буд.

4 Аммо сандуқи Худоро Довуд аз Қирьят‐Еорим ба маконе ки Довуд барояш тайёр карда буд, баровард, зеро ки барои он дар Ерусалим хаймае барафрошта буд.

5 Вале қурбонгоҳи мисине ки Басалъил ибни Урӣ ибни Хур сохта буд, дар Ҷибъӯн пеши маскани Худованд воқеъ буд; ва Сулаймон ва ҷамоат онро зиёрат карданд.

6 Ва Сулаймон дар он ҷо ба хузури Худованд назди қурбонгоҳи мисине ки пеши хаймаи ҷомеъ буд, баромада, ҳазор сар қурбонии сӯхтанӣ бар он тақдим намуд.

Рӯъёи Сулаймон ва илтимоси ӯ дар бораи атои ҳикмат.

7 Дар ҳамон шаб Худо ба Сулаймон зоҳир шуд, ва ба ӯ гуфт: «Талаб намо, чӣ чизе ба ту бидиҳам».

8 Ва Сулаймон ба Худо гуфт: «Ту ба падарам Довуд зҳсони азиме кардӣ, ва маро ба ҷои ӯ подшоҳ сохтӣ.

9 Алҳол, эй Худованд Худо, бигзор он сухане ки Ту ба падарам Довуд гуфтаӣ, ба амал ояд, зеро ки Ту маро бар қавме ки мисли ғубори замин сершуморанд, подшоҳ сохтаӣ.

10 Алҳол ҳикмат ва дониш ба ман ато намо, то ки ба ин қавм тавонам роҳбарӣ кунам, зеро кист, ки ин қавми бузурги Туро битавонад доварӣ намояд?»

11 Ва Худо ба Сулаймон гуфт: «Абзаски ин дилхоҳи ту буд, ва ту сарват, дороӣ ва ҷалол, ва ҷони душманонатро талаб накардӣ, ва низ умри дароз талаб накардӣ, балки ҳикмат ва дониш барои худ талабидӣ, то қавми Маро, ки бар онҳо туро подшоҳ сохтаам, доварӣ намоӣ, —

12 Бинобар ин ҳикмат ва дониш ба ту ато карда шуд, ва Ман сарват ва дороӣ ва ҷалол ба ту хоҳам бахшид, ба андозае ки подшоҳони пеш аз ту мисли он надоштанд, ва баъд аз ту мисли он наҳоҳанд дошт».

13 Ва Сулаймон аз зиёрати баландие ки дар Ҷибъӯн буд, аз хузури хаймаи ҷомеъ ба Ерусалим омад, ва бар Исроил подшоҳӣ кард.

14 Ва Сулаймон аробаҳо ва саворагон ҷамъ кард: ӯ ҳазору чорсад ароба ва дувоздаҳ ҳазор нафар саворагон дошт; ва ӯ онҳоро дар шаҳрҳои аробаҳо ва назди подшоҳ дар Ерусалим ҷойгир кард.

15 Ва подшоҳ нукра ва тиллоро дар Ерусалим ба сангҳои кӯча баробар гардонид, ва чӯби арзро ба чӯби ҷумиз, ки дар пастӣ бисьёр мерӯяд, баробар сохт.

16 Ва аспонро барои Сулаймон аз Миср ва аз Қаве меоварданд: тоҷирони подшоҳ онҳоро аз Қаве ба баҳои муайян мехариданд.

17 Ва як аробаро аз Миср ба баҳои шашсад сиқл нуқра харида меоварданд, ва як аспро — ба баҳои саду панҷоҳ сиқл; ва ҳамчунин барои ҳамаи подшоҳони ҳиттиён ва подшоҳони арамиён ба воситаи онҳо меоварданд.

2

БОБИ ДУЮМ

Сулаймон барои сохтани маъбад майёрӣ мебинад.

1 Ва Сулаймон қарор дод, ки хонае ба исми Худованд, ва хонае барои салтанати худаш бино кунад.

2 Ва Сулаймон ҳафтод ҳазор нафар барои боркашӣ, ва ҳаштод ҳазор нафар барои сангтарошӣ дар кӯҳистон, ва се ҳазору шашсад нафар барои назорати онҳо дар шумор овард.

3 Ва Сулаймон назди Хуром, подшоҳи Сӯр, фиристода, гуфт: «Чунон ки бо падарам Довуд рафтор намуда, барои ӯ чӯби арз фиристодаӣ, то ки хонае барои сукунати худ бино кунад, ончунон бо ман рафтор намо.

4 Инак, ман хонае ба исми Худованд Худои худ бино менамоям, то ки онро ба Ӯ такдис кунам, бухури хушбӯе ба ҳузури Ӯ бисӯзонам, ва нони тақдими доимӣ ва қурбониҳои сӯхтании субху шомро дар шанбеҳо ва навмоҳҳо ва идҳои Худованд Худои мо такдим намоям, ки ин ба сурати абадӣ ба Исроил амр фармуда шудааст.

5 Ва хонае ки ман бино менамоям, бузург аст, зеро ки Худои мо аз ҳамаи худоён бузургтар аст.

6 Ва кист, ки қувват дошта бошад хонае барои Ӯ бино намояд, дар сурате ки фалак ва фалакулафлок наметавонад Ӯро гунҷоиш диҳад? Ва ман кистам, ки хонае барои Ӯ бино намоям? Магар фақат барои он ки ба ҳузури Ӯ бухур бисӯзонам.

7 Ва алҳол касеро ба ман бифирист, ки дар сохтани ашьё аз тилло ва нуқра ва мис ва оҳан ва арғувон ва қирмиз ва лоҷвард моҳир бошад, ва кандакориро донад, то ки вай бо хунармандоне ки назди ман дар Яхудо ва Ерусалим ҳастанд, ва онҳоро падарам Довуд тайёр кардааст, бошад.

8 Ва дарахтони арз, сарв ва сандал аз Лубнон барои ман бифирист, зеро ман медонам, ки бандагони ту аз ӯхдаи буридани дарахтони Лубнон мебароянд; ва инак, бандагони ман бо бандагони ту хоҳанд буд,

9 То ки чӯбу тахтаи зиёде барои ман тайёр кунанд, зеро хонае ки ман бино менамоям, бузург ва аҷоиб хоҳад буд.

10 Ва инак, ман барои таъминоти дарахтбуроне ки дарахтбурӣ мекунанд, барои бандагони ту бист ҳазор кӯр гандум, ва бист ҳазор кӯр ҷав, ва бист ҳазор бат шароб, ва бист ҳазор бат равған медиҳам».

11 Ва Хуром, подшоҳи Сӯр, бо мактубе ҷавоб гардонида, ба Сулаймон фиристод: «Азбаски Худованд қавми Худро дӯст медорад, туро бар онҳо подшоҳ гардонидааст».

12 Ва Хуром гуфт: «Муборак аст Худованд Худои Исроил, офаринандаи осмон ва замин, ки ба подшоҳ Довуд писари ҳакими соҳиби ақлу фаҳмро ато намудааст, ки вай хонае барои Худованд ва хонае барои салтанати худаш бино менамояд.

13 Ва алҳол ман Хуромро, ки марди ҳакими соҳибфаҳме аз хунармандони падари ман аст, фиристодам,

14 Ки вай писари зане аз духтарони Дон аст, ва падараш марди сӯрӣ буд; вай дар сохтани ашьё аз тилло ва нуқра ва мис ва оҳан ва санг ва ҷӯб ва арғувон ва лоҷвард ва катон ва қирмиз, ва дар иҷрои ҳар навъ кандакорӣ ва ҳар саноеи нафисае ки ба зиммаи вай бо якҷоягии ҳунармандони ту ва ҳунармандони оғоям, падарат Довуд, гузошта шавад, усто мебошад.

15 Ва алҳол, гандум ва ҷав ва равған ва шаробро, ки оғоям дар бораи онҳо сухан рондааст, ба бандагони худ бифирист.

16 Ва мо дарахтонро аз Лубнон ба миқдори даркории ту бурида, ба шакли амадҳо бо роҳи баҳр ба Ёфӯ хоҳем овард, ва ту онҳоро ба Ерусалим хоҳӣ бурд».

17 Ва Сулаймон ҳамаи мардони ғариберо, ки дар замини Исроил буданд, баъд аз саршумории онҳо, ки падараш Довуд ба амал оварда буд, дар шумор овард, ва онҳо саду панҷоҳу се ҳазору шашсад нафар баромаданд.

18 Ва аз онҳо ҳафтод ҳазор нафарро ҳамчун боркашон, ва ҳаштод ҳазор нафарро ҳамчун сангтарошон дар кӯҳистон, ва се ҳазору шашсад нафарро ҳамчун нозироне ки қавмро кор мефармоянд, таъин намуд.

3

БОБИ СЕЮМ

Ибтидои сохтмони маъбад.

1 Ва Сулаймон ба бино кардани хонаи Худованд дар Ерусалим, бар кӯҳи Мӯриё шурӯъ намуд, ки дар он ҷо Худованд ба падараш Довуд зоҳир шуда буд, ва Довуд ин ҷойро дар хирмангоҳи Орнони ябусӣ муқаррар карда буд.

2 Ва ӯ дар рӯзи дуюми моҳи дуюм, дар соли чоруми подшоҳии худ ба бино кардан шурӯъ намуд.

Дар бораи андозаҳои маъбад ва масолеҳи бинокорӣ.

3 Ва ин аст асосҳое ки Сулаймон барои бино кардани хонаи Худо гузошт: дарозияш бо зироъҳо, бар ҳасби андозаи аввала, шаст зироъ, ва фарохияш — бист зироъ.

4 Ва дарозии равоқе ки пеши толор буд, мувофиқи фарохии хона — бист зироъ, ва баландияш — саду бист; ва онро аз дарун бо тиллои холис пӯшонид.

5 Ва толори калонро бо чӯби сарв рӯйбаст намуд, ва онро бо тиллои холис пӯшонид, ва бар рӯяш нақши нахлҳо ва шилшилаҳоро ҳак кард.

6 Ва хонаро барои зебоӣ бо сангҳои гаронбаҳо тарсеъ дод, ва тиллои он тиллои Парвоим буд.

7 Ва хонаро, — болорҳо, остонаҳо, деворҳо ва дарҳои онро, — бо тилло рӯйбаст намуд, ва бар деворҳо каррубиёнро ҳак кард.

8 Ва хонаи қудси қудсҳоро сохт: дарозияш, мувофиқи фарохии хона, бист зироъ, ва фарохияш бист зироъ буд; ва онро бо тиллои хуб, ба миқдори шашсад киккар, рӯйбаст намуд.

9 Ва вазни мехҳо панҷоҳ сиқл тилло буд; ва болохонаҳоро бо тилло рӯйбаст намуд.

10 Ва дар хонаи қудси қудсҳо ду каррубии муҷассамкорӣ сохт, ва онҳоро бо тилло пӯшонид.

11 Ва болҳои каррубиён бист зироъ дарозӣ дошт; як бол, ки панҷ зироъ буд, ба девори хона мерасид, ва боли дигар, ки панҷ зироъ буд, ба боли каррубии дигар мерасид;

12 Ва боли каррубии дигар, ки панҷ зироъ буд, ба девори хона мерасид, ва боли дигараш, ки панҷ зироъ буд, ба боли каррубии дигар мечаспид.

13 Болҳои ин каррубиён ба дарозии бист зироъ паҳн шуда буд, ва онҳо бар пойҳои худ меистоданд, ва рӯйҳошон ба сӯи хона буд.

14 Ва пардаро аз лоҷвард ва арғувон ва қирмиз ва катон сохт, ва нақши каррубиёнро бар он кашид

15 Ва пеши хона ду сутун сохт, ки дарозии онҳо сию панҷ зироъ буд; ва тоҷе ки бар сари ҳар яке аз онҳо буд, панҷ зироъ дарозӣ дошт.

16 Ва шилшилаҳо, мисли онҳое ки дар ҳарам буд, сохта, бар сари сутунҳо гузошт; ва сад анор сохта, бар шилшилаҳо ниҳод.

17 Ва сутунҳоро пеши маъбад барқарор намуд, — якеро аз тарафи рост, ва дигареро аз тарафи чап; ва номи сутуни тарафи ростро Ёкин хонд, ва номи сутуни тарафи чапро — Бӯаз.

4

БОБИ ЧОРУМ

Давоми сохтмон.

1 Ва қурбонгоҳи мисин сохт, ки дарозияш бист зироъ, ва фарохияш бист зироъ, ва қадаш даҳ зироъ буд.

2 Ва ҳавзи аз мис рехтае сохт, ки аз лаб то лабаш даҳ зироъ буд, шакли комилан доиравӣ дошт, ва қадаш панҷ зироъ буд, ва риштаи сӣ‐зироӣ онро гирдогирд дар бар мегирифт.

3 Ва зери он сурати говон буд, ки онро гирдогирд дар бар мегирифт, ба тавре ки ба ҳар зироъ даҳ адад аз онҳо буд, ва онҳо ҳавзро гирдогирд дар бар мегирифт; ин говон ду қатор буда, баробари рехта шудани он рехта шуда буд.

4 Он бар дувоздаҳ гов меистод, ки се адади онҳо ба тарафи шимол менигарист, ва се адади онҳо ба тарафи ғарб менигарист, ва се адади онҳо ба тарафи ҷануб менигарист, ва се адади онҳо ба тарафи шарқ менигарист, ва ҳавз аз боло бар онҳо меистод; ва ҳамаи пуштҳои онҳо дар таги он буд.

5 Ва ғафсии он як ваҷаб буд, ва лабаш мисли лаби ҷилди гули савсан сохта шуда буд; ҳаҷми он гунҷоиши се ҳазор батро дошт.

6 Ва даҳ лаган сохт, ва аз онҳо панҷ ададро ба тарафи рост, ва панҷ ададро ба тарафи чап гузошт, то ки дар онҳо шустушӯ кунанд, — он чиро, ки ба қурбонии сӯхтанӣ тааллуқ дошт, дар онҳо мешустанд; ва ҳавз барои он буд, ки коҳинон дар он шустушӯ намоянд.

7 Ва даҳ чароғдони тилло мувофиқи дастури онҳо сохта, дар маъбад панҷ ададро ба тарафи рост, ва панҷ ададро ба тарафи чап гузошт.

8 Ва даҳ миз сохта, дар маъбад панҷ ададро ба тарафи рост, ва панҷ ададро ба тарафи чап гузошт; ва сад косаи тилло сохт.

9 Ва саҳни коҳинон, ва саҳни бузург, ва дарҳо барои саҳн сохт; ва дарҳоро бо мис пӯшонид.

10 Ва ҳавзро дар тарафи рост, дар кунҷи шарқи ҷанубӣ ҷойгир кард.

11 Ва Ҳуром дегҳо ва хокандозҳо ва косаҳо сохт; ва Ҳуром кореро, ки назди подшоҳ Сулаймон дар хонаи Худо ба ҷо меовард, ба анҷом расонид:

12 Ду сутун, ва ду гулӯлаи тоҷҳое ки бар сари сутунҳо буд; ва ду шабака барои пӯшонидани ду гулӯлаи тоҷҳое ки бар сари сутунҳо буд;

13 Ва чорсад аноре ки барои ду шабака буд: ду қатор анорҳо барои ҳар шабака аз баҳри пӯшонидани ду гулӯлаи тоҷҳое ки болои сутунҳо буд;

14 Ва пояҳоро сохт, ва лаганҳоро бар пояҳо сохт;

15 Як ҳавз, ва дувоздаҳ говро, ки дар таги он буд;

16 Ва дегҳо ва хокандозҳо ва чанголҳо, ва тамоми колои онҳоро, ки Ҳуром, ҳунарманди падараш, назди подшоҳ Сулаймон барои хонаи Худованд сохт, аз миси сайқалӣ буд.

17 Онҳоро подшоҳ дар водии Урдун дар умқи гиле ки дар миёни Суккӯт ва Саредото буд, рехт.

18 Ва Сулаймон тамоми ин колоро он қадар бисьёр сохт, ки муайян кардани вазни мис ғайриимкон буд.

19 Ва Сулаймон тамоми колоеро, ки дар хонаи Худо буд, ва қурбонгоҳи тилло, ва мизҳоро, ки нони такдим бар онҳо буд, сохт,

20 Ва чароғдонҳо ва чароғҳои онҳоро аз тиллои пок, то ки мувофиқи дастур пеши ҳарам даргиронида шавад;

21 Ва гулҳо ва чароғҳо ва анбӯрҳоро аз тилло, яъне аз зари холис;

22 Ва оташгиракҳо ва косаҳо ва қошуқҳо ва маҷмарҳоро аз тиллои пок; ва дарвозаи хонаро, — дарҳои дохилӣ ба сӯи қудси қудсҳо, ва дарҳои маъбад ба сӯи толор, — аз тилло.

5

БОБИ ПАНҶУМ

Сандуқи аҳд ба маъбад оварда шуд.

1 Ва тамоми коре ки Сулаймон барои хонаи Худованд ба ҷо овард, анҷом ёфт; ва Сулаймон он чиро, ки падараш Довуд вақф карда буд, овард, ва нуқра ва тилло ва тамоми колоро ба хазоини хонаи Худо супурд.

2 Он гоҳ Сулаймон пирони Исроил, ва ҳамаи сардорони сибтҳо, раисони хонаводаҳои банӣ‐Исроилро дар Ерусалим ҷамъ кард, то ки сандуқи аҳди Худовандро аз шаҳри Довуд, ки Сион бошад, бароваранд.

3 Ва тамоми мардуми Исроил дар иди моҳи ҳафтум назди подшоҳ ҷамъ шуданд.

4 Ва ҳамаи пирони Исроил омаданд, ва левизодагон сандуқро бардоштанд.

5 Ва сандуқ, ва хаймаи ҷомеъ, ва тамоми колои муқаддасро, ки дар хайма буд, бардоштанд, — онҳоро коҳинон ва левизодагон бардоштанд.

6 Ва подшоҳ Сулаймон ва тамоми ҷамоати Исроил, ки ба хузури ӯ назди сандуқ ҷамъ шуда буданд, гӯсфандон ва говонро қурбонӣ карданд, ки микдори онҳоро, ба сабаби бисьёриашон, ба ҳисоб овардан ва муайян намудан мумкин набуд.

7 Ва коҳинон сандуқи аҳди Худовандро ба маконаш, ба ҳарами хона, ба қудси қудсҳо, зери болҳои каррубиён дароварданд.

8 Ва каррубиён болҳошонро бар макони сандуқ паҳн мекарданд, ва каррубиён сандуқ ва дастакҳояшро аз боло мепӯшониданд.

9 Ва дастакҳоро пеш кашида дароз карданд, ба тавре ки сари дастакҳо аз сандуқе ки пеши ҳарам буд, аён мешуд, вале аз берун аён намешуд; ва онҳо то имрӯз дар он ҷост.

10 Дар сандуқ чизе набуд, ғайр аз лавҳҳое ки Мусо дар Хӯриб дар он гузошт, вақте ки Худованд бо банӣ‐Исроил, ҳангоми берун омаданашон аз Миср, аҳд баст.

11 Ва чунин воқеъ шуд, ки чун коҳинон аз қудс берун омаданд, — зеро ҳамаи коҳиноне ки дар он ҷо буданд, худро, сарфи назар аз навбатҳошон, такдис карданд,

12 Ва ҳамаи левизодагони муғаннӣ, яъне Ософ, Ҳеймон, Едутун, ва писаронашон, ва бародаронашон, либоси катон дар бар карда, бо санҷҳо ва барбатҳо ва удҳо ба тарафи шарқии қурбонгоҳ меистоданд, ва саду бист нафар коҳинон ҳамроҳи онҳо истода, карнай менавохтанд,

13 Ва ин карнайнавозон ва муғанниён мисли як тан барои ҳамду санои Худованд якдилона овоз мебароварданд, ва ҳамин ки садои карнайҳо ва санҷҳо ва дигар асбоби мусиқиро баланд карда, Худовандро ҳамд гуфтанд, ки Ӯ некӯст, зеро ки эҳсони Ӯ то абад аст, — он гоҳ хона, хонаи Худованд, аз абр пур шуд,

14 Ва коҳинон, ба сабаби абр, натавонистанд барои хизмат биистанд, зеро ки ҷалоли Худованд хонаи Худоро пур карда буд.

6

БОБИ ШАШУМ

Нутқ ва дуои Сулаймон.

1 Он гоҳ Сулаймон гуфт:

«Худованд гуфтааст, ки дар меғ сокин мешавад.

2 Вале ман хонае барои сукунати Ту бино намудаам,

маконе барои он ки Ту дар он то абад сокин шавӣ».

3 Ва подшоҳ рӯи худро гардонида, тамоми ҷамоати Исроилро баракат дод, — ва тамоми ҷамоати Исроил меистоданд, —

4 Ва гуфт: «Муборак аст Худованд Худои Исроил, ки бо даҳони Худ ба падарам Довуд сухан рондааст, ва бо дасти Худ онро ба ҷо овардааст! Ӯ гуфтааст:

5 „Аз рӯзе ки Ман қавми Худ Исроилро аз замини Миср берун овардаам, шаҳреро аз ҳамаи сибтҳои Исроил барои бино кардани хонае барнагузидаам, то ки исми Ман дар он бошад, ва касеро барнагузидаам, то ки вай бар қавми Ман Исроил раис бошад;

6 Валекин Ерусалимро баргузидам, то ки исми Ман дар он бошад, ва Довудро баргузидам, то ки вай бар қавми Ман Исроил бошад“.

7 Ва дар дили падарам Довуд орзуе буд, ки хонае ба исми Худованд Худои Исроил бино кунад.

8 Вале Худованд ба падарам Довуд гуфт: „Чун дар дили ту орзуе буд, ки хонае ба исми Ман бино намоӣ, хуб кардӣ, ки чунин орзуе дар дили худ доштӣ;

9 Аммо ту хонаро бино нахоҳӣ кард, балки писари ту, ки аз камари ту берун ояд, — ӯ хонаро ба исми Ман бино хоҳад кард“.

10 Ва Худованд каломи Худро, ки ба забон ронда буд, ба ҷо овард, ва ман ба ҷои падарам Довуд ба майдон омадам ва, бар тибқи он чи Худованд гуфта буд, бар тахти Исроил нишастам, ва хонае ба исми Худованд Худои Исроил бино кардам.

11 Ва сандуқеро дар он ҷо гузоштам, ки аҳди Худованд, ки онро бо банӣ‐Исроил баста буд, дар он мебошад».

12 Ва ӯ пеши қурбонгоҳи Худованд, дар рӯ ба рӯи тамоми ҷамоати Исроил истода, дастҳои худро дароз кард, —

13 Зеро ки Сулаймон минбари мисине ки дарозияш панҷ зироъ, ва фарохияш панҷ зироъ, ва қадаш се зироъ буд, сохта, онро дар миёни саҳн гузошта буд; ва бар он истода, дар рӯ ба рӯи тамоми ҷамоати Исроил зону зад, ва дастҳои худро сӯи осмон дароз кард, —

14 Ва гуфт: «Эй Худованд Худои Исроил! Худое мисли Ту дар осмон ва замин нест; Ту ба бандагони Худ, ки ба хузури Ту бо тамоми дили худ рафтор менамоянд, аҳд ва эҳсонро нигоҳ медорӣ.

15 Ту он чиро, ки ба бандаи Худ — падарам Довуд — гуфтаӣ, риоя намудӣ; Ту бо даҳони Худ гуфтаӣ ва бо дасти Худ ба ҷо овардаӣ, чунон ки имрӯз воқеъ шудааст.

16 Ва алҳол, эй Худованд Худои Исроил, барои бандаи Худ, падарам Довуд, он каломро риоя намо, ки ба ӯ гуфтаӣ: „Касе ки ба ҳузури Ман бар тахти Исроил биншинад, барои ту хотима нахоҳад ёфт, ба шарте ки писаронат роҳҳои худро нигоҳ дошта, мувофиқи шариати Ман рафтор намоянд, чунон ки ту ба ҳузури Ман рафтор намудаӣ“.

17 Ва алҳол, эй Худованд Худои Исроил, бигзор каломи Ту, ки ба бандаи Худ Довуд гуфтаӣ, собит шавад!

18 Оё дар ҳақиқат Худо бар замин бо одамизод сокин мешавад? Охир, осмон ва фалакулафлок наметавонад Туро гунҷоиш диҳад, чӣ ҷои ин хонае ки ман бино кардаам.

19 Валекин, эй Худованд Худои ман, ба дуои бандаи Худ ва ба истиғосаи вай таваҷҷӯҳ намо, то тазаррӯъ ва дуоеро, ки бандаат ба ҳузури Ту мегӯяд, бишнавӣ,

20 Ва чашмони Ту бар ин хона, бар ин маконе ки дар бораи он гуфтаӣ: „Исми Ман дар он ҷо хоҳад буд“, шабу рӯз воз бошад, ва Ту дуоеро, ки бандаат дар ин макон мегӯяд, бишнавӣ.

21 Ва Ту истиғосаҳои бандаи Худ ва қавми Худ Исроилро, ки дар ин макон дуо мегӯянд, бишнав, ва онро аз ҷои сукунати Худ, аз осмон бишнав, ва шунида, биомурз.

22 Агар касе нисбат ба ёри худ гуноҳ карда, ба қасам хӯрдан маҷбур шавад, ва омада, пеши қурбонгоҳи Ту дар ин хона қасам хӯрад, —

23 Он гоҳ Ту аз осмон бишнав, ва амал намуда, бар бандагонат доварӣ намо, то ки сазои шарирро дода, рафторашро ба сараш баргардонӣ, ва одилро сафед карда, бар тибқи адолаташ ба вай подош диҳӣ.

24 Ва агар қавми Ту Исроил барои гуноҳе ки ба хузури Ту ба амал оварда бошанд, пеши душман мағлуб шаванд, ва сӯи Ту руҷӯъ намуда ва исми Туро ҳамду сано хонда, пеши Ту дар ин хона дуо гӯянд ва истиғоса кунанд, —

25 Он гоҳ Ту аз осмон бишнав, ва гуноҳи қавми Худ Исроилро биомурз, ва онҳоро ба замине ки ба онҳо ва ба падаронашон додаӣ, баргардон.

26 Ҳангоме ки осмон баста шавад ва барои гуноҳе ки ба хузури Ту ба амал оварда бошанд, борон наборад, ва дар ин макон дуо гуфта ва исми Туро ҳамду сано хонда, аз гуноҳи худ тавба кунанд, чунки Ту онҳоро фурӯ нишондаӣ, —

27 Он гоҳ Ту аз осмон бишнав, ва гуноҳи бандагони Худ ва қавми Худ Исроилро омурзида, роҳи некӯро, ки бо он бояд бираванд, ба онҳо нишон бидеҳ, ва бар замини Худ, ки онро ба қавми Худ барои мерос додаӣ, борон бифирист.

28 Агар дар замин қаҳтӣ рӯй диҳад, агар вабо ояд, агар боди самум, хушксолӣ, малах ва кирмак пайдо шавад, агар душманонашон онҳоро дар шаҳрҳои заминашон ба танг оваранд, агар ягон мусибат ва ягон беморӣ ба вуқӯъ ояд, —

29 Он гоҳ ҳар дуо ва ҳар истиғосаро, ки аз ҷониби ҳар одам ва аз ҷониби тамоми қавми Ту гуфта мешавад, вақте ки ҳар яке аз онҳо мусибати худ ва дарди худро медонанд ва дастҳои худро сӯи ин хона дароз мекунанд, —

30 Ту аз осмон, ки макони сукунати Туст, бишнав ва биомурз, ва ба ҳар кас, ки дили варо медонӣ, бар тибқи тамоми рафтораш подош деҳ, зеро ки танҳо Ту донандаи дилҳои тамоми банӣ‐одам ҳастӣ,

31 То ки онҳо аз Ту ҳаросон бошанд ва дар тамоми айёми зиндагии худ ба рӯи замине ки Ту ба падарони мо додаӣ, бо роҳҳои Ту бираванд.

32 Ва ҳамчунин аҷнабиро, ки аз ҷумлаи қавми Ту Исроил набошад, вале ба хотири исми бузурги Ту ва дасти қавии Ту ва бозуи тӯлонии Ту аз замини дурдасте омада бошад, ва омада, сӯи ин хона дуо гӯяд, —

33 Ту аз осмон, ки макони сукунати Туст, бишнав, ва ҳар он чиро, ки он аҷнабӣ сӯи Ту хонда дархост намояд, ба амал овар, то ки ҳамаи қавмҳои замин исми Туро бишносанд, ва аз Ту мисли қавми Ту Исроил ҳаросон бошанд, ва бидонанд, ки исми Ту бар ин хонае ки ман бино кардаам, хонда шудааст.

34 Ҳангоме ки қавми Ту ба ҷанги зидди душманони худ, бо роҳе ки Ту онҳоро фиристодаӣ, берун оянд, ва ба ин шаҳре ки Ту баргузидаӣ, ва ба хонае ки ман ба исми Ту бино кардаам, руҷӯъ намуда, сӯи Ту дуо гӯянд, —

35 Он гоҳ Ту аз осмон дуо ва истиғосаи онҳоро бишнав, ва дархости онҳоро ба ҷо овар.

36 Ҳангоме ки онҳо пеши Ту гуноҳ кунанд, — зеро касе нест, ки гуноҳ накунад, — ва Ту бар онҳо ғазаб карда, онҳоро ба душман таслим намоӣ, ва асиркунандагонашон онҳоро ба замини дур ё наздик бибаранд,

37 Ва ҳангоме ки онҳо дар замине ки он ҷо асир бошанд, ба худ омада тавба кунанд, ва дар замини асирии худ ба сӯи Ту истиғоса намуда, гӯянд: „Мо гуноҳ карда ва осӣ шуда, рафтори шарирона кардем“,

38 Ва ҳангоме ки онҳо дар замини асирии худ, ки ба он ҷо онҳоро ба асирӣ бурдаанд, бо тамоми дили худ ва бо тамоми ҷони худ сӯи Ту баргарданд, ва ба замине ки Ту ба падаронашон додаӣ, ва ба шаҳре ки Ту баргузидаӣ, ва ба хонае ки ман ба исми Ту бино кардаам, руҷӯъ намуда, сӯи Ту дуо гӯянд, —

39 Он гоҳ Ту аз осмон, ки макони сукунати Туст, дуо ва истиғосаи онҳоро бишнав, ва дархости онҳоро ба ҷо овар, ва қавми Худро, ки пеши Ту гуноҳ кардаанд, биомурз.

40 Алҳол, эй Худои ман, бигзор чашмони Ту воз бошад, ва гӯшҳои Ту ба дуое ки дар ин макон гуфта мешавад, шунаво бошад.

41 Ва алҳол, зй Худованд Худо, ба сӯи оромгоҳи Худ бархез, — Ту ва сандуқи қудрати Ту; коҳинони Ту, эй Худованд Худо, ҷомаи наҷот хоҳанд пӯшид, ва порсоёни Ту ба некӯӣ шод хоҳанд шуд.

42 Эй Худованд Худо! Рӯи масеҳи Худро барнагардон, эҳсонҳои бандаи Худ Довудро ба ёд овар».

7

БОБИ ҲАФТУМ

Қурбониҳо ва иди ботантана.

1 Ва ҳангоме ки Сулаймон гуфтани дуоро ба анҷом расонид, оташе аз осмон фурӯд омада, қурбонии сӯхтанӣ ва забҳҳоро сӯзонид, ва ҷалоли Худованд хонаро пур кард.

2 Ва коҳинон натавонистанд ба хонаи Худованд дохил шаванд, зеро ки ҷалоли Худованд хонаи Худовандро пур карда буд.

3 Ва тамоми банӣ‐Исроил фурӯд омадани оташ ва ҷалоли Худовандро бар хона диданд, ва рӯй бар замини сангфарш афтода, саҷда бурданд, ва Худовандро ҳамду сано хонданд, зеро ки Ӯ некӯст, зеро ки эҳсони Ӯ то абад аст.

4 Ва подшоҳ ва тамоми қавм қурбониҳо ба ҳузури Худованд забҳ карданд.

5 Ва подшоҳ Сулаймон бисту ду ҳазор гов ва саду бист ҳазор гӯсфанд қурбонӣ кард; ва подшоҳ ва тамоми қавм хонаи Худоро такдис карданд.

6 Ва коҳинон дар навбатдории худ меистоданд, ва левизодагон бо асбоби суруди Худованд буданд, ки подшоҳ Довуд онҳоро барои ҳамду санои Худованд сохта буд, зеро ки эҳсони Ӯ то абад аст, ва Довуд ба воситаи онҳо ҳамду сано мегуфт; ва коҳинон дар рӯ ба рӯи онҳо карнай менавохтанд, ва тамоми Исроил меистоданд.

7 Ва Сулаймон миёнаи саҳнро, ки пеши хонаи Худованд буд, такдис намуд, чунки қурбониҳои сӯхтанӣ ва чарбуи қурбониҳои саломатиро дар он ҷо такдис кард, зеро қурбонгоҳи мисине ки Сулаймон сохта буд, қурбониҳои сӯхтанӣ ва ҳадияҳои ордӣ ва чарбуи қурбониҳоро натавонист гунҷоиш диҳад.

8 Ва Сулаймон дар он вақт ҳафт рӯз ид кард, ва тамоми Исроил ҳамроҳи ӯ буданд, ки ин ҷамоати бағоят бузург аз даромадгоҳи Ҳамот то водии Миср ҷамъ омада буданд;

9 Ва дар рӯзи ҳаштум ҷамъомади ботантанаи идонае барпо карданд, зеро ки такдиси қурбонгоҳро ҳафт рӯз, ва идро ҳафт рӯз ба амал оварданд.

10 Ва дар рӯзи бисту сеюми моҳи ҳафтум ӯ қавмро ба хаймаҳошон фиристод, ки онҳо ба сабаби некие ки Худованд ба Довуд ва Сулаймон ва қавми Худ Исроил карда буд, хурсанд ва дилшод буданд.

11 Ва Сулаймон хонаи Худованд ва хонаи подшоҳро ба анҷом расонид; ва ҳар он чи орзуи дили Сулаймон буд, ки дар хонаи Худованд ва дар хонаи худаш ба амал оварад, муваффақият ёфт.

Худованд ба Сулаймон зоҳир мешавад.

12 Ва Худованд шабона ба Сулаймон зоҳир шуд, ва ба ӯ гуфт: «Дуои туро шунидам, ва ин маконро барои Худ баргузидам, то ки хонаи қурбониҳо гардад.

13 Агар осмонро бибандам, ва борон наборад, ва агар ба малах фармон диҳам, ки ҳосили заминро бихӯрад, ва агар вабое бар қавми Худ бифиристам,

14 Ва қавми Ман, ки ба исми Ман номида шудаанд, гардан фуроварда, дуо гӯянд ва рӯи Маро ҷӯё шаванд, ва аз роҳҳои бади худ баргарданд, — он гоҳ Ман аз осмон шунида, гуноҳҳои онҳоро хоҳам омурзид, ва замини онҳоро шифо хоҳам дод.

15 Алҳол чашмони Ман воз ва гӯшҳои Ман ба дуое ки дар ин макон гуфта мешавад, шунаво хоҳад буд.

16 Ва алҳол Ман ин хонаро баргузидам ва такдис кардам, то ки исми Ман то абад дар он бошад; ва чашмони Ман ва дили Ман тамоми айём дар ин ҷо хоҳад буд.

17 Ва агар ту ба ҳузури Ман, чунон ки падарат Довуд рафтор менамуд, рафтор намоӣ, ва ҳар чиро, ки Ман ба ту амр фармудаам, ба ҷо оварӣ, ва фароизу аҳкоми Маро нигоҳ дорӣ,

18 Ман тахти салтанати туро устувор хоҳам кард, чунон ки бо падарат Довуд аҳд баста, гуфтаам: „Аз ту касе ки бар Исроил ҳоким бошад, аз миён нахоҳад рафт“.

19 Валекин агар шумо рӯй гардонида, аҳкому фароизеро, ки ба шумо додаам, тарк кунед, ва рафта, худоёни дигарро ибодат намоед, ва ба онҳо саҷда баред, —

20 Ман онҳоро аз замини Худ, ки ба онҳо додаам, решакан хоҳам кард, ва ин хонаро, ки ба исми Худ такдис намудаам, аз хузури Худ дур хоҳам андохт, ва онро дар миёни ҳамаи қавмҳо зарбулмасал ва хандахариш хоҳам гардонид.

21 Ва дар ҳаққи ин хона, ки олишукӯҳ буд, ҳар касе ки аз пеши он бигзарад, аз харобии он дар ҳайрат монда, хоҳад гуфт: „Аз чӣ сабаб Худованд ба ин замин ва ба ин хона чунин амал намудааст?“

22 Ва хоҳанд гуфт: „Аз он сабаб, ки онҳо Худованд Худои падарони худро, ки онҳоро аз замини Миср берун оварда буд, тарк карданд, ва худоёни дигарро пайравӣ намуда, ба онҳо саҷда бурданд ва онҳоро ибодат карданд; бинобар ин тамоми ин мусибатро ба сари онҳо овардааст“».

8

БОБИ ҲАШТУМ

Корҳои Сулаймон ва ҷалоли ӯ.

1 Ва баъд аз гузаштани бист сол, ки дар ин муддат Сулаймон хонаи Худованд ва хонаи худашро бино кард, —

2 Шаҳрҳоеро, ки Ҳуром ба Сулаймон дода буд, Сулаймон обод кард, ва банӣ‐Исроилро дар онҳо сокин гардонид.

3 Ва Сулаймон ба Ҳамот‐Субо рафта, бар он дастболо шуд.

4 Ва Тадмӯрро дар биёбон бино кард, ва шаҳрҳои захираҳоро, ки дар Ҳамот бино карда буд, ба анҷом расонид.

5 Ва Байт‐Ҳӯрӯни боло ва Байт‐Ҳӯрӯни поёнро бино кард, ки шаҳрҳои ҳисордори дорои деворҳо, дарвозаҳо ва ғалақаҳо буд;

6 Ва низ Баалот, ва ҳамаи шаҳрҳои захираҳоро, ки Сулаймон дошт, ва ҳамаи шаҳрҳои аробаҳо, ва шаҳрҳои саворагон, ва ҳар он чиро, ки Сулаймон орзу дошт дар Ерусалим ва дар Лубнон, ва дар тамоми замини салтанати худ бино кунад.

7 Тамоми қавме ки аз ҳиттиён ва амӯриён ва фариззиён ва ҳиввиён ва ябусиён боқӣ монда буданд, онҳое ки аз Исроил набуданд,

8 Яъне аз фарзандони онҳо, ки баъд аз онҳо дар замин боқӣ монда буданд, ва онҳоро банӣ‐Исроил маҳв накарда буданд, — ба зиммаи онҳо Сулаймон хироҷ гузошт, ки то имрӯз чунин аст.

9 Валекин аз банӣ‐Исроил Сулаймон барои корҳои худ касеро ӯхдадор нагардонид, зеро ки онҳо ҷанговарон ва мирони саркардаи ӯ ва сардорони аробаҳо ва саворагони ӯ буданд.

10 Ва сарнозироне ки подшоҳ Сулаймон дошт, дусаду панҷоҳ нафар буданд, ки ба қавм сардорӣ мекарданд.

11 Ва духтари фиръавнро Сулаймон аз шаҳри Довуд ба хонае ки барои вай бино карда буд, кӯчонид, зеро ки гуфт: «Зани ман дар хонаи Довуд, подшоҳи Исроил, сокин нахоҳад шуд, чунки ҳамаи ҷойҳое ки сандуқи Худованд ба онҳо дохил шудааст, муқаддас аст».

12 Он гоҳ Сулаймон бар қурбонгоҳе ки пеши равоқ бино карда буд, қурбониҳои сӯхтаниро барои Худованд такдим менамуд:

13 Қурбониҳои сӯхтаниро барои ҳар рӯз бар тибқи фармудаи Мусо, барои шанбеҳо, ва барои навмоҳҳо, ва барои идҳо се маротиба дар як сол: дар иди фатир, ва дар иди ҳафтаҳо, ва дар иди хаймаҳо.

14 Ва бар тибқи дастури падараш Довуд, гурӯҳҳои коҳинонро бар хизматашон таъин намуд; ва левизодагонро — бар навбатҳошон, то ки ҳамду сано хонанд ва назди коҳинон хизмати муқаррариро барои ҳар рӯз ба ҷо оваранд; ва дарбононро — бар ҳасби гурӯҳҳошон назди ҳар дарвоза; зеро ки фармудаи Довуд, марди Худо, чунин буд.

15 Ва онҳо аз амре ки подшоҳ ба коҳинон ва левизодагон дар ҳар бобат ва дар хусуси хазоин дода буд, дур намешуданд.

16 Ва тамоми кори Сулаймон аз рӯзи ниҳодани буньёди хонаи Худованд то вақти анҷом ёфтани он ҳамин тавр сурат гирифта, хонаи Худованд ба анҷоми комил расид.

17 Он гоҳ Сулаймон ба Эсьюн‐Ҷобар ва ба Эйлат, ки бар соҳили баҳр, дар замини Адӯм аст, рафт.

18 Ва Хуром ба ӯ ба воситаи навкарони худ киштиҳо ва ғуломоне фиристод, ки дарьёгардиро медонистанд, ва онҳо бо навкарони Сулаймон ба Ӯфир рафтанд, ва аз он ҷо чорсаду панҷоҳ киккар тилло гирифта, ба подшоҳ Сулаймон оварданд.

9

БОБИ НӮҲУМ

Сулаймон ва маликаи Сабо.

1 Ва маликаи Сабо овозаи Сулаймонро шунид, ва бо аҳли рикоби зиёде ва бо шутуроне ки атриёт ва тиллои бисьёр ва сангҳои гаронбаҳо бар онҳо бор карда шуда буд, ба Ерусалим омад, то ки Сулаймонро бо муаммоҳо имтиҳон кунад; ва назди Сулаймон омада, бо ӯ аз ҳар чи дар дилаш буд, гуфтугӯ кард.

2 Ва Сулаймон ҳамаи суханони варо ба вай баён намуд, ва чизе аз Сулаймон пӯшида намонд, ки ба вай баён накарда бошад.

3 Ва чун маликаи Сабо ҳикмати Сулаймонро дид, ва низ хонаеро, ки ӯ бино карда буд,

4 Ва таомҳои суфраи ӯро, ва шинухези навкарони ӯро, ва рафтори хизматгорони ӯро, ва либосҳои онҳоро, ва соқиёни ӯро, ва либосҳои онҳоро, ва ҳашаматеро, ки ӯ бо он ба хонаи Худованд мебаромад, — вай тамоман моту мабҳут гардид,

5 Ва ба подшоҳ гуфт: «Он сухане ки ман дар кишвари худ дар бораи корҳо ва ҳикмати ту шунидаам, рост будааст.

6 Вале ман ба суханони онҳо бовар накарда будам, то даме ки омада, бо чашмони худ дидам; ва инак, ҳатто нисфи ҳикмати бузурги ту ба ман маълум нашуда будааст: аз овозае ки ман шунида будам, ту бартарӣ дорӣ.

7 Хушо одамони ту, хушо ин навкарони ту, ки ба ҳузури ту ҳамеша меистанд ва ҳикмати туро мешунаванд!

8 Муборак аст Худованд Худои ту, ки бар ту таваҷҷӯҳ намуда, туро бар тахти Худ нишонидааст, то ки барои Худованд Худоят подшоҳ бошӣ! Азбаски Худои ту Исроилро дӯст медорад, то ки онҳоро ба сурати абадӣ устувор созад, бинобар ин туро бар онҳо ба подшоҳӣ таъин намудааст, то ки доварӣ ва адолатро ба амал оварӣ».

9 Ва ба подшоҳ саду бист киккар тилло, ва атриёти бағоят зиёде, ва сангҳои гаронбаҳо инъом кард; мисли он атриёте ки маликаи Сабо ба подшоҳ Сулаймон инъом кард, ҳаргиз набуд.

10 Ва низ навкарони Ҳуром ва навкарони Сулаймон, ки тилло аз Ӯфир оварда буданд, чӯби сандал ва сангҳои гаронбаҳо оварданд.

11 Ва подшоҳ аз чӯби сандал зинапояҳо барои хонаи Худованд ва хонаи подшоҳ, ва барбатҳо ва удҳо барои муғанниён сохт; ва мисли он пештар дар замини Яҳудо дида нашуда буд.

12 Ва подшоҳ Сулаймон ба маликаи Сабо ҳар чизи дилхоҳи варо, ки талабида буд, дод, ба замми он чи дар ивази инъоми ба подшоҳ овардаи вай дода шуд. Ва вай бо навкаронаш рӯ ба ҷониби кишвари худ ниҳода, равона шуд.

Сарвати Сулаймон ва даромадҳои бузурги ӯ.

13 Ва вазни тиллое ки дар як сол назди Сулаймон меомад, шашсаду шасту шаш киккар тилло буд,

14 Илова бар он чи бозоргонон ва савдогарон меоварданд; ва ҳамаи подшоҳони араб ва ҳокимони вилоятҳо низ тилло ва нуқра барои Сулаймон меоварданд.

15 Ва подшоҳ Сулаймон дусад сипари калон аз тиллои кӯфта сохт, ки барои ҳар сипар шашсад сиқл тиллои кӯфта сарф шуд,

16 Ва сесад сипари хурд аз тиллои кӯфта сохт, ки барои ҳар сипар сесад сиқл тилло сарф шуд; ва подшоҳ онҳоро дар хонаи ҷангали Лубнон гузошт.

17 Ва подшоҳ тахти калоне аз оҷ сохт, ва онро бо зари холис пӯшонид.

18 Ва тахт шаш зинапоя дошт, ва пойандози тиллоӣ, ки ба тахт пайванд буд; ва дастмонакҳо аз ду тарафи нишемангоҳ буд, ва ду шер аз паҳлуи дастмонакҳо меистод.

19 Ва дувоздаҳ шер дар он ҷо бар шаш зинапоя аз ду тараф меистод; дар ягон мамлакат мисли он сохта нашуда буд.

20 Ва ҳамаи зарфҳои нӯшидании подшоҳ Сулаймон аз тилло буд, ва ҳамаи зарфҳои хонаи ҷангали Лубнон аз зари холис буд; аз нуқра чизе набуд: он дар айёми Сулаймон ҳеҷ қимате надошт.

21 Зеро подшоҳ киштиҳо дошт, ки бо навкарони Хуром ба Таршиш мерафт; дар се сол як дафъа киштиҳои таршишӣ омада, тилло ва нуқра, оҷ ва маймунҳо ва товусҳо меовард.

22 Ва подшоҳ Сулаймон аз ҷиҳати сарват ва ҳикмат аз ҳамаи подшоҳони рӯи замин бузургтар гардид.

23 Ва ҳамаи подшоҳони рӯи замин толиби дидори Сулаймон буданд, то ҳикматеро, ки Худо дар дили ӯ ниҳода буд, бишнаванд.

24 Ва онҳо ҳар яке ҳадияи худро: колои нуқра ва колои тилло, ва либос, аслиҳа ва атриёт, аспон ва хачирон сол ба сол меоварданд.

25 Ва Сулаймон чор ҳазор охур барои аспон ва аробаҳо, ва дувоздаҳ ҳазор саворагон дошт, ва онҳоро дар шаҳрҳои аробаҳо ва назди подшоҳ дар Ерусалим ҷойгир кард.

26 Ва ӯ бар ҳамаи подшоҳон аз наҳр то замини фалиштиён ва то сарҳади Миср ҳукмронӣ мекард.

27 Ва подшоҳ нуқраро дар Ерусалим ба сангҳои кӯча баробар гардонид, ва чӯби арзро ба чӯби чумиз, ки дар пастӣ бисьёр мерӯяд, баробар сохт.

28 Ва аспонро барои Сулаймон аз Миср ва аз ҳамаи кишварҳо меоварданд.

Фавти Сулаймон.

29 Ва бақияи аъмоли Сулаймон, аз аввал то охир, дар навиштаҷоти Нотони набӣ, ва дар нубуввати Аҳиёи шилӯнӣ, ва дар рӯъёи Еъдӯи ғайбгӯй дар ҳаққи Ёробъом ибни Набот навишта шудааст.

30 Ва Сулаймон чил сол дар Ерусалим бар тамоми Исроил подшоҳӣ кард.

31 Ва Сулаймон бо падарони худ хобид, ва ӯро дар шаҳри падараш Довуд дафн карданд; ва писараш Раҳабъом ба ҷои ӯ подшоҳ шуд.

10

БОБИ ДАҲУМ

Подшоҳии Раҳабъом.

1 Ва Раҳабъом ба Шакем рафт, зеро ки тамоми Исроил ба Шакем омаданд, то ки ӯро подшоҳ кунанд.

2 Ва ҳангоме ки Ёробъом инро шунид, — ва ӯ дар Миср буд, чунки аз пеши подшоҳ Сулаймон гурехта буд, — ва Ёробъом аз Миср баргашт.

3 Ва фиристода, ӯро хонданд; ва Ёробъом ва тамоми Исроил омаданд, ва ба Раҳабъом сухан ронда, гуфтанд:

4 «Падарат юғи моро гарон карда буд, вале ту алҳол хизмати сахти падарат ва юғи гарони варо, ки бар мо ниҳода буд, сабук гардон, ва мо хизмати туро ба ҷо хоҳем овард».

5 Ва ӯ ба онҳо гуфт: «Баъд аз се рӯз назди ман биёед». Ва қавм рафтанд.

6 Ва подшоҳ Раҳабъом аз пироне ки ба ҳузури падараш Сулаймон, дар вақти зинда будани вай, меистоданд, машварат пурсида, гуфт: «Шумо чӣ маслиҳат медиҳед, то ки ба ин қавм ҷавоб гардонам?»

7 Ва онҳо ба ӯ сухан ронда, гуфтанд: «Агар ту ба ин қавм меҳрубон бошӣ ва дилашонро ба даст оварӣ, ва ба онҳо суханони нек гӯӣ, онҳо тамоми айём бандагони ту хоҳанд буд».

8 Вале ӯ машваратеро, ки пирон ба ӯ доданд, рад намуд, ва аз ҷавононе ки бо ӯ калон шуда буданд ва ба хузураш меистоданд, машварат пурсид,

9 Ва ба онҳо гуфт: «Шумо чӣ маслиҳат медиҳед, то ки ба ин қавм ҷавоб гардонам, ки онҳо ба ман сухан ронда, гуфтанд: „Юғеро, ки падарат бар мо ниҳода буд, сабук гардон“?»

10 Ва он ҷавонон, ки бо ӯ калон шуда буданд, ба ӯ сухан ронда, гуфтанд: «Ба ин қавме ки ба ту сухан ронда, гуфтаанд: „Падарат юғи моро гарон карда буд, вале ту онро барои мо сабук гардон“, — ту ба онҳо чунин бигӯ: „Ангушти хурди ман аз камари падарам ғафстар аст;

11 Ва алҳол, падарам юғи гароне бар шумо ниҳода буд, вале ман юғи шуморо боз ҳам гаронтар хоҳам кард; падарам шуморо бо тозиёнаҳо ҷазо медод, вале ман шуморо бо нешҳои каждум ҷазо хоҳам дод“».

Тақсим шудани мамлакат.

Ёробъом бар Исроил подшоҳ мегардад.

12 Ва Ёробъом ва тамоми қавм дар рӯзи сеюм назди Раҳабъом омаданд, чунон ки подшоҳ сухан ронда, гуфта буд: «Дар рӯзи сеюм назди ман биёед».

13 Ва подшоҳ ба онҳо ҷавоби сахт гардонид; ва подшоҳ Раҳабъом машварати пиронро рад кард.

14 Ва бар тибқи машварати ҷавонон ба онҳо гуфт: «Падарам юғи шуморо гарон карда буд, вале ман онро боз ҳам гаронтар хоҳам кард; падарам шуморо бо тозиёнаҳо ҷазо медод, вале ман — бо нешҳои каждум».

15 Ва подшоҳ ба қавм гӯш надод, зеро ки ин аз ҷониби Худо насиб шуда буд, то ки Худованд каломи Худро, ки ба воситаи Аҳиёи шилӯнӣ ба Ёробъом ибни Набот гуфта буд, ба амал оварад.

16 Ва тамоми Исроил диданд, ки подшоҳ ба онҳо гӯш надод, ва қавм ба подшоҳ ҷавоб гардонида, гуфтанд:

«На ҳиссаест моро дар Довуд,

ва на меросе дар писари Йисой.

Эй Исроил, ба хаймаҳои худ биравед!

Эй Довуд, акнун дар фикри хонаи худ бош!»

Ва тамоми Исроил ба хаймаҳои худ рафтанд.

17 Вале бар он банӣ‐Исроил, ки дар шаҳрҳои Яҳудо сукунат доштанд, Раҳабъом подшоҳӣ мекард.

18 Ва подшоҳ Раҳабъом Ҳадӯромро, ки сардори хироҷ буд, фиристод, вале банӣ‐Исроил ӯро сангборон карданд, ва ӯ мурд; ва подшоҳ Раҳабъом шитобон ба ароба савор шуд, то ки ба Ерусалим бигрезад.

19 Ва Исроил ба зидди хонадони Довуд балво карданд, ки то имрӯз давом дорад.

11

БОБИ ЁЗДАҲУМ

Раҳабъом ба Ерусалим бармегардад.

1 Ва Раҳабъом ба Ерусалим омада, аз хонадони Яҳудо ва Биньёмин саду ҳаштод ҳазор ҷанговарони гузинро ҷамъ овард, то ки бо Исроил ҷанг карда, салтанатро ба Раҳабъом баргардонад.

2 Ва каломи Худо бар Шамаъёҳу, марди Худо, нозил шуда, гуфт:

3 «Ба Раҳабъом ибни Сулаймон, подшоҳи Яҳудо, ва ба тамоми Исроил, ки дар Яҳудо ва Биньёмин мебошанд, бигӯй:

4 „Худованд чунин мегӯяд: набароед ва бо бародарони худ ҷанг накунед! Ҳар яке ба хонаи худ баргардед, зеро ки ин аз ҷониби Ман шудааст“». Ва онҳо ба каломи Худованд гӯш доданд, ва аз юриши зидди Ёробъом баргаштанд.

5 Ва Раҳабъом дар Ерусалим сокин шуд; ва шаҳрҳои ҳисордор дар Яҳудо бино кард;

6 Ва Байт‐Лаҳм, ва Эйтом, ва Тақӯо,

7 Ва Байт‐Сур, ва Сӯкӯ, ва Адуллом,

8 Ва Ҷат, ва Морешо, ва Зиф,

9 Ва Адуроим, ва Лохиш, ва Азиқо,

10 Ва Соръо, ва Аёлӯн, ва Ҳебрӯнро бино кард, ки шаҳрҳои ҳисордор дар Яҳудо ва Биньёмин мебошанд.

11 Ва ҳисорҳоро мустаҳкам карда, дар онҳо волиён ва захираҳои хӯрокворӣ ва равған ва шароб гузошт.

12 Ва ба ҳар шаҳр сипарҳо ва найзаҳо дода, онҳоро бағоят мустаҳкам намуд. Ва Яҳудо ва Биньёмин дар ихтиёри ӯ монданд.

13 Ва коҳинон ва левизодагоне ки дар тамоми Исроил буданд, аз тамоми ҳудуди худ назди ӯ ҷамъ шуданд,

14 Зеро ки левизодагон ҳаволии шаҳрҳо ва амлоки худро тарк карда, ба Яҳудо ва Ерусалим омаданд, чунки Ёробъом бо писаронаш онҳоро аз каҳонати Худованд дур карда буд,

15 Ва барои худ коҳинонро аз баҳри баландиҳо ва нарбузҳо ва гӯсолаҳое ки сохта буд, таъин намуд.

16 Ва аз қафои левизодагон аз ҳамаи сибтҳои Исроил касоне ки дили худро толиби Худованд Худои Исроил гардонида буданд, ба Ерусалим омаданд, то ки барои Худованд Худои падарони худ қурбонӣ кунанд.

17 Ва онҳо салтанати Яҳудоро мустаҳкам карданд, ва Раҳабъом ибни Сулаймонро се сол тақвият доданд, зеро ки се сол бо роҳи Довуд ва Сулаймон мерафтанд.

18 Ва Раҳабъом Моҳалатро ба занӣ гирифт, ки вай духтари Еримӯт ибни Довуд ва Абиҳаил бинти Элиоб ибни Йисой буд.

19 Ва вай барои ӯ писарон: Еуш ва Шамарьё ва Зоҳамро зоид.

20 Ва баъд аз вай Маако бинти Абшолӯмро гирифт, ва вай барои ӯ Абиё ва Аттай ва Зизо ва Шелӯмитро зоид.

21 Ва Раҳабъом Маако бинти Абшолӯмро аз ҳамаи занон ва сурриягони худ зиёдтар дӯст медошт, зеро ки ҳаждаҳ зан гирифта буд, ва шаст суррия дошт; ва бисту ҳашт писар ва шаст духтар ба дуньё овард.

22 Ва Раҳабъом Абиё писари Маакоро сардор таъин кард, то ки бар бародаронаш раис бошад, зеро ки ният дошт варо подшоҳ созад.

23 Ва оқилона амал намуда, ҳамаи писаронашро ба ҳамаи заминҳои Яҳудо ва Биньёмин, ба ҳамаи шаҳрҳои ҳисордор фиристод, ва барояшон нафақаи калон таъин намуд, ва занони бисьёр пайдо кард.

12

БОБИ ДУВОЗДАҲУМ

Раҳабъом гирифтори бутпарастӣ мешавад.

1 Ва ҳангоме ки салтанати Раҳабъом пойдор гардида, қувват гирифт, ӯ шариати Худовандро тарк кард, ва тамоми Исроил бо ӯ буданд.

2 Ва дар соли панҷуми подшоҳии Раҳабъом чунин воқеъ шуд, ки Шишақ, подшоҳи Миср, ба муқобили Ерусалим баромад, — зеро ки онҳо ба Худованд осӣ шуда буданд, —

3 Бо ҳазору дусад ароба ва шаст ҳазор саворагон; ва қавме ки бо ӯ аз Миср омада буданд, яъне лубиён, суккиён ва ҳабашиён, сону шумор надоштанд;

4 Ва шаҳрҳои ҳисордори Яҳудоро забт карда, назди Ерусалим омад.

5 Ва Шамаъёи набӣ пеши Раҳабъом ва сарварони Яҳудо, ки аз тарси Шишақ дар Ерусалим ҷамъ шуда буданд, омада, ба онҳо гуфт: «Худованд чунин мегӯяд: „Шумо Маро тарк кардед, пас Ман низ шуморо тарк карда, ба дасти Шишақ супурдаам“».

6 Ва сарварони Исроил ва подшоҳ гардан фуроварда, гуфтанд: «Худованд одил аст!»

7 Ва чун Худованд дид, ки онҳо гардан фуроварданд, каломи Худованд бар Шамаъё нозил шуда, гуфт: «Онҳо гардан фуроварданд, онҳоро маҳв нахоҳам кард; ва онҳоро кисман раҳо хоҳам қард, ва ғазаби Ман бар Ерусалим бо дасти Шишақ нахоҳад рехт.

8 Аммо онҳо хизматгорони вай хоҳанд шуд, то бидонанд, ки хизмати Ман чӣ гуна аст, ва хизмати салтанатҳои замин чӣ гуна аст».

9 Ва Шишақ, подшоҳи Миср, ба Ерусалим баромада, ганҷҳои хонаи Худованд ва ганҷҳои хонаи подшоҳро гирифт, — ҳамаашро гирифт; ва сипарҳои тиллоеро, ки Сулаймон сохта буд, гирифт.

10 Ва подшоҳ Раҳабъом ба ҷои онҳо сипарҳои мисин сохта, ба дасти сардорони шотироне ки дари хонаи подшоҳро нигаҳбонӣ мекарданд, супурд.

11 Ва ҳар бор, ки подшоҳ ба хонаи Худованд мерафт, шотирон омада, онҳоро мебардоштанд, ва баъд онҳоро ба ҳуҷраи шотирон бармегардониданд.

12 Ва ҳангоме ки ӯ гардан фуровард, хашми Худованд аз ӯ баргашта, ӯро тамоман маҳв накард; ва дар Яҳудо низ корҳои нек ба вуҷуд омад.

Фавми Раҳабъом.

13 Ва подшоҳ Раҳабъом дар Ерусалим қувват гирифта, подшоҳӣ кард; дар вақти подшоҳ шуданаш Раҳабъом чилу яксола буд, ва ҳафдаҳ сол дар Ерусалим подшоҳӣ кард, — дар шаҳре ки Худованд аз ҳамаи сибтҳои Исроил баргузидааст, то ки исми Худро дар он ҷойгир созад. Ва номи модари ӯ Наамои аммӯнӣ буд.

14 Ва ӯ корҳои бад кард, зеро дили худро ба он моил нагардонида буд, ки толиби Худованд бошад.

15 Ва аъмоли Раҳабъом, аз аввал то охир, дар навиштаҷоти Шамаъёи набӣ ва Иддӯи ғайбгӯй дар қисми насабномаҳо навишта шудааст; ва дар миёни Раҳабъом ва Ёробъом ҳама вақт ҷанг буд.

16 Ва Раҳабъом бо падарони худ хобид, ва дар шаҳри Довуд дафн карда шуд; ва писараш Абиё ба ҷои ӯ подшоҳ шуд.

13

БОБИ СЕЗДАҲУМ

Бар Яҳудо подшоҳ шудани Абиё.

1 Дар соли ҳаждаҳуми подшоҳии Ёробъом Абиё бар Яҳудо подшоҳ шуд.

2 Се сол ӯ дар Ерусалим подшоҳӣ кард; ва номи модараш Микоёҳу бинти Уриил, аз Ҷибъо, буд; ва дар миёни Абиё ва Ёробъом ҷанг буд.

3 Ва Абиё қӯшуни ҷанговарони ҷасурро иборат аз чорсад ҳазор мардони гузин барои ҷанг орост; вале Ёробъом бо лашкари иборат аз ҳаштсад ҳазор ҷанговарони шуҷои гузин ба муқобили ӯ ба ҷанг баромад.

4 Ва Абиё бар кӯҳи Самораим, ки дар кӯҳистони Эфроим воқеъ аст, бархоста гуфт: «Маро бишнавед, эй Ёробъом ва тамоми Исроил!

5 Шуморо лозим аст бидонед, ки Худованд Худои Исроил салтанати Исроилро ба Довуд ва писаронаш бо аҳди намакин ба сурати абадӣ додааст.

6 Вале Ёробъом ибни Набот, ки навкари Сулаймон ибни Довуд буд, қиём намуда, ба муқобили оғои худ исьён бардошт.

7 Ва мардуми ҳеҷу пуч, шахсони нобакор дар гирди ӯ ҷамъ шуда, бар Раҳабъом ибни Сулаймон ғолиб омаданд, дар сурате ки Раҳабъом ҷавон ва нармдил буда, ба муқобили онҳо натавонист истодагӣ намояд.

8 Ва алҳол шумо гумон мекунед, ки ба муқобили салтанати Худованд, ки дар дасти писарони Довуд аст, метавонед истодагӣ намоед, ва шумо анбӯҳи бузурге ҳастед, ва гӯсолаҳои тиллое ки Ёробъом барои шумо худо гардонидааст, бо шумо мебошад.

9 Шумо, охир, коҳинони Худовандро, яъне писарони Ҳорун ва левизодагонро, бадар рондед, ва барои худ коҳинонро мисли қавмҳои кишварҳо таъин намудед: ҳар кӣ омада, бо як гӯсолаи нар ва ҳафт қӯчқор худро такдис намояд, барои худоёни сохта коҳин мешавад.

10 Валекин мо чунин нестем: Худованд Худои мост, ва мо Ӯро тарк накардаем, ва коҳинон, писарони Ҳорун, хизмати Худовандро ба ҷо меоваранд, ва левизодагон бо кори худ машғуланд.

11 Ва онҳо ҳар субҳ ва ҳар шом барои Худованд қурбониҳои сӯхтанӣ ва бухури муаттар месӯзонанд, ва бар мизи пок нони тақдим мегузоранд, ва чароғдони тилло ва чароғҳояшро ҳар шом дармегиронанд, зеро ки мо дастурҳои Худованд Худои худро риоят менамоем, ва ҳол он ки шумо Ӯро тарк кардаед.

12 Ва инак, ба мо Худо сардорӣ мекунад, ва коҳинони Ӯ, ва карнайҳои баландовоз, то ки ба муқобили шумо бинавозанд. Эй банӣ‐Исроил! Бо Худованд Худои падарони худ ҷанг накунед, зеро ки муваффақият нахоҳед ёфт».

13 Вале Ёробъом дар ақибгоҳи онҳо камин ниҳод, ва қӯшунаш дар рӯ ба рӯи Яҳудо буданд, дар сурате ки камин дар ақиби онҳо буд.

14 Ва ҳангоме ки аҳли Яҳудо назар андохтанд, инак, ҳам аз пешашон ҷанг буд, ва ҳам аз ақибашон; ва сӯи Худованд фарьёд карданд, ва коҳинон карнайҳоро навохтанд.

15 Ва мардуми Яҳудо бо овози баланд бонг заданд; ва чун мардуми Яҳудо бонг заданд, Худо Ёробъом ва тамоми Исроилро пеши Абиё ва Яҳудо шикаст дод.

16 Ва банӣ‐Исроил аз пеши Яҳудо гурехтанд, ва Худо онҳоро ба дасташон супурд.

17 Ва Абиё ва қавми Ӯ ба онҳо зарбаи сахт расониданд, ва аз Исроил панҷсад ҳазор мардони гузин кушта шуданд.

18 Ва банӣ‐Исроил он вақт мағлуб шуданд, ва банӣ‐Яҳудо ғолиб омаданд, зеро ки ба Худованд Худои падарони худ таваккал карданд.

19 Ва Абиё Ёробъомро таъқиб намуда, шаҳрҳои зеринро аз ӯ гирифт: Байт‐Илро бо қасабаҳояш, ва Ешоноро бо қасабаҳояш, ва Эфрайинро бо қасабаҳояш.

Фавти Ёробъом.

20 Ва Ёробъом дар айёми Абиё дигар бақувват нашуд; ва Худованд ӯро зарба зад, ва ӯ мурд.

21 Вале Абиё қавӣ шуд, ва чордаҳ зан барои худ гирифт, ва бисту ду писар ва шонздаҳ духтар ба дуньё овард.

22 Ва бақияи аъмоли Абиё, ва рафтор ва гуфтори ӯ дар тафсири Иддӯи набӣ навишта шудааст.

14

БОБИ ЧОРДАҲУМ

Фавми Абиё. Подшоҳ шудани Осо.

1 Ва Абиё бо падарони худ хобид, ва ӯро дар шаҳри Довуд дафн карданд, ва писараш Осо ба ҷои ӯ подшоҳ шуд; дар айёми ӯ замин даҳ сол оромӣ ёфт.

2 Ва Осо он чиро, ки дар назари Худованд Худо некӯ ва мақбул буд, ба амал овард.

3 Ва қурбонгоҳҳои бегона ва баландиҳоро барҳам дод, ва ҳайкалҳоро шикаст, ва дарахтони бути Ашераро решакан кард.

4 Ва ба аҳли Яҳудо гуфт, ки Худованд Худои падарони худро ҷӯё бошанд, ва шариат ва аҳкомро ба амал оваранд.

5 Ва аз ҳамаи шаҳрҳои Яҳудо баландиҳо ва қурбонгоҳҳои бухурро барҳам дод; ва мамлакат дар ҳузури ӯ оромӣ ёфт.

6 Ва шаҳрҳои ҳисордор дар Яҳудо бино кард, зеро ки замин оромӣ ёфта буд, ва дар он солҳо касе бо ӯ ҷанг накардааст, зеро ки Худованд ба ӯ осудагӣ ато намуд.

7 Ва ӯ ба Яҳудо гуфт: «Ин шаҳрҳоро бино кунем, ва дар гирдашон деворҳо ва бурҷҳо бо дарвозаҳо ва ғалақаҳо барпо намоем, дар сурате ки замин ҳанӯз дар ихтиёри мост, зеро ки Худованд Худои худро ҷӯё шудаем, — мо Ӯро ҷӯё шудем, ва Ӯ аз ҳар тараф ба мо осудагӣ ато намуд». Ва бино карданд ва муваффақият ёфтанд.

8 Ва Осо лашкаре иборат аз сипардорон ва найзаварон дошт, ки аз Яҳудо сесад ҳазор буданд, ва аз Биньёмин дусаду ҳаштод ҳазор сипардорон ва камонварон; ҳамаи инҳо мардони ҷангии шуҷоъ буданд.

Осо бар Зораҳ ғолиб меояд.

9 Ва Зораҳи ҳабашӣ бо лашкаре ки аз ҳазор ҳазор сарбоз иборат буд, ва бо сесад ароба ба муқобили онҳо берун омада, ба Морешо расид.

10 Ва Осо ба пешвози ӯ берун омад, ва онҳо дар дараи Сафот назди Морешо барои ҷанг саф кашиданд.

11 Ва Осо сӯи Худованд Худои худ хонда, гуфт: «Худовандо, ҷуз Ту касе нест, ки ба камзӯр ба муқобили пурзӯр тавонад мадад расонад. Пас, эй Худованд Худои мо, ба мо мадад расон, зеро ки мо ба Ту таваккал кардаем, ва ба исми Ту назди ин анбӯҳ омадаем. Ту Худованд Худои мо ҳастӣ, намон, ки одамизод аз Ту зӯр барояд».

12 Ва Худованд ҳабашиёнро пеши Осо ва пеши Яҳудо шикаст дод, ва ҳабашиён рӯ ба гурез оварданд.

13 Ва Осо ва қавме ки бо ӯ буданд, онҳоро то Ҷарор таъқиб карданд, ва аз ҳабашиён он қадар фурӯ ғалтиданд, ки дигар ёрои истодагӣ надоштанд, зеро ки пеши Худованд ва пеши ӯрдуи Ӯ шикаст хӯрданд. Ва ғанимати зиёде ба даст оварда шуд.

14 Ва ҳамаи шаҳрҳои гирду пеши Ҷарорро зарба заданд, зеро ки тарси Худованд онҳоро фаро гирифта буд; ва ҳамаи шаҳрҳоро тороҷ карданд, зеро ки ғанимати зиёде дар онҳо буд.

15 Ва хаймаҳои чорводоронро низ зарба зада, гӯсфандони зиёд ва шутуронро гирифта бурданд, ва ба Ерусалим баргаштанд.

15

БОБИ ПОНЗДАҲУМ

Азарьёҳуи набӣ Осоро огоҳ менамояд.

1 Ва Рӯҳи Худо бар Азарьёҳу ибни Ӯдид нозил шуд.

2 Ва ӯ ба истиқболи Осо берун омада, ба вай гуфт: «Эй Осо ва тамоми Яҳудо ва Биньёмин, маро бишнавед: Худованд бо шумост, вақте ки шумо бо ӯ бошед, ва агар Ӯро ҷӯё шавед, Ӯ барои шумо ёфт хоҳад шуд, вале агар Ӯро тарк кунед, Ӯ шуморо тарк хоҳад кард.

3 Ва айёми зиёде исроилиён бе Худои ҳақ, ва бе коҳини омӯзгор, ва бе шариат буданд,

4 Вале дар тангии худ сӯи Худованд Худои Исроил баргаштанд, ва Ӯро ҷӯё шуданд, ва Ӯ барои онҳо ёфт шуд.

5 Ва дар он замонҳо барои ҳар касе ки даробаро мекард, сулҳу осоиштагӣ набуд, зеро ки бар ҳамаи сокинони заминҳо изтироби зиёде буд.

6 Ва халқе бо халқе, ва шаҳре бо шаҳре ҷидол мекарданд, зеро ки Худо онҳоро ба ҳар навъ мусибат гирифтор месохт.

7 Валекин шумо қавӣ бошед, ва бигзор дастҳотон суст нашавад, зеро ки барои аъмолатон подоше ҳаст».

Осо бутпарастиро барҳам медиҳад.

8 Ва ҳангоме ки Осо ин суханон ва нубуввати ибни Ӯдиди набиро шунид, қавидил гардид ва қабоҳатҳоро аз тамоми замини Яҳудо ва Биньёмин, ва аз шаҳрҳое ки аз кӯҳистони Эфроим гирифта буд, барҳам дод, ва қурбонгоҳи Худовандро, ки пеши равоқи Худованд буд, аз нав барқарор кард.

9 Ва тамоми Яҳудо ва Биньёмин, ва ғарибонеро, ки аз Эфроим ва Менашше ва Шимъӯн бо онҳо сокин буданд, ҷамъ кард, зеро бисьёре аз Исроил ба ӯ ҳамроҳ шуда буданд, чун диданд, ки Худованд Худои ӯ бо ӯст.

10 Ва дар моҳи сеюм, дар соли понздаҳуми подшоҳии Осо, дар Ерусалим ҷамъ шуданд.

11 Ва дар он рӯз аз ғанимате ки оварда буданд, ҳафтсад гов ва ҳафт ҳазор гӯсфандро барои Худованд қурбонӣ карданд.

12 Ва аҳд бастанд, ки Худованд Худои падарони худро бо тамоми дили худ ва бо тамоми ҷони худ ҷӯё шаванд.

13 Ва ҳар касе ки Худованд Худои Исроилро ҷӯё нашавад, аз хурд то калон, аз мард то зан бояд кушта шавад.

14 Ва бо овози баланд ва бонги шодмонӣ, ва бо навохтани карнайҳо ва шохҳо ба Худованд қасам хӯрданд.

15 Ва тамоми Яҳудо аз ин қасам шод гардиданд, зеро ки бо тамоми дили худ қасам хӯрданд, ва бо тамоми иродаи худ Ӯро ҷӯё шуданд, ва Ӯ барои онҳо ёфт шуд; ва Худованд ба онҳо аз ҳар тараф оромӣ ато намуд.

16 Ва низ подшоҳ Осо модари худ Маакоро аз унвони малика маҳрум кард, барои он ки вай ҳайкале барои Ашера сохта буд; ва Осо ҳайкали варо шикаста пора‐пора кард ва дар водии Қидрӯн сӯзонид.

17 Валекин баландиҳо аз Исроил дур карда нашуд; аммо дили Осо тамоми айёми ӯ амин буд.

18 Ва чизҳоеро, ки падараш вақф карда буд, ва чизҳоеро, ки худаш вақф карда буд, яъне нуқра ва тилло ва зарфҳоро ба хонаи Худованд даровард.

19 Ва то соли сию панҷуми подшоҳии Осо ҷанг набуд.

16

БОБИ ШОНЗДАҲУМ

Ҷанг дар миёни Осо ва Баъшо.

1 Дар соли сию шашуми подшоҳии Осо Баъшо, подшоҳи Исроил, ба муқобили Яҳудо баромада, Роморо бино кард, то ки касе натавонад назди Осо, подшоҳи Яҳудо, рафтуомад кунад.

2 Ва Осо нуқра ва тиллоро аз хазоини хонаи Худованд ва хонаи подшоҳ баровард, ва ба Бин‐Ҳадад, подшоҳи Арам, ки дар Димишқ сокин буд, фиристода, гуфт:

3 «Дар миёни ман ва ту, ва дар миёни падари ман ва падари ту аҳд буд; пас, аҳдеро, ки бо Баъшо, подшоҳи Исроил, дорӣ, бишкан, то ки вай аз пеши ман ақиб гардад».

4 Ва Бин‐Ҳадад ба подшоҳ Осо гӯш дода, сипаҳдорони худро ба муқобили шаҳрҳои Исроил фиристод, ва онҳо Ийюн ва Дон ва Обил‐Мойим ва ҳамаи шаҳрҳои захираи Нафтолиро зарба заданд.

5 Ва ҳамин ки Баъшо инро шунид, аз бино кардани Ромо даст кашида, кори худро хобонид.

6 Ва подшоҳ Осо тамоми аҳли Яҳудоро ҷамъ кард, ва онҳо сангҳои Ромо ва чӯбҳояшро, ки Баъшо бо онҳо бино карда буд, бардошта бароварданд; ва ӯ Ҷобаъ ва Мисфоро бо онҳо бино намуд.

Ҳанонии набӣ Осоро мазаммат мекунад.

7 Ва дар он замон Ҳанонии пешбин назди Осо, подшоҳи Яҳудо, омада, ба ӯ гуфт: «Азбаски ту ба подшоҳи Арам таваккал кардӣ, валекин ба Худованд Худои худ таваккал накардӣ, бинобар ин лашкари подшоҳи Арам аз дасти ту раҳо шуд.

8 Ҳабашиён ва лубиён, охир, соҳиби лашкари бузурге буда, аробаҳо ва саворагони бағоят зиёде доштанд, вале азбаски ту ба Худованд таваккал кардӣ, Ӯ онҳоро ба дасти ту супурд.

9 Зеро ки чашмони Худованд тамоми заминро мушоҳида мекунад, то онҳоеро, ки дилашон ба Ӯ амин аст, тақвият намояд; ту дар ин бобат аблаҳӣ кардӣ, бинобар ин минбаъд ба ҷангҳо мубтало хоҳӣ шуд».

Осо Ҳанониро дар зиндон андохт.

10 Ва Осо ба пешбин ғазаб карда, варо дар зиндон андохт, зеро ки бар вай барои ин хашмгин шуд; ва дар он замон Осо баъзеро аз миёни қавм ба танг меовард.

11 Ва инак, аъмоли Осо, аз аввал то охир, дар китоби подшоҳони Яҳудо ва Исроил навишта шудааст.

12 Ва Осо дар соли сию нӯҳуми подшоҳии худ гирифтори дарди по гардид, ва дардаш торафт сахт шуд, вале дар бемории худ низ Худовандро ҷӯё нашуд, балки табибонро.

Беморӣ ва фавти Осо.

13 Ва Осо бо падарони худ хобид, ва дар соли чилу якуми подшоҳии худ вафот кард,

14 Ва ӯро дар мақбарае ки барои худ дар шаҳри Довуд канда буд, дафн карданд; ва ӯро дар қабре ки аз атриёт ва моддаҳои хушбӯи сунъӣ пур буд, гузоштанд, ва барои ӯ оташи ниҳоятдараҷа бузурге барафрӯхтанд.

17

БОБИ ҲАФДАҲУМ

Подшоҳ шудани Еҳӯшофот.

1 Ва писараш Еҳӯшофот ба ҷои ӯ подшоҳ шуд, ва бар Исроил мустаҳкам гардид.

2 Ва дар ҳамаи шаҳрҳои ҳисордори Яҳудо аскаронро ҷойгир кард, ва дар замини Яҳудо ва дар шаҳрҳои Эфроим, ки падараш Осо забт карда буд, волиёнро таъин намуд.

3 Ва Худованд бо Еҳӯшофот буд, зеро ки ӯ бо роҳҳои аввалаи падараш Довуд рафтор намуд, ва Баалҳоро ҷӯё нашуд,

4 Балки Худои падари худро ҷӯё шуд, ва мувофиқи аҳкоми Ӯ рафтор намуд, ва на бар тибқи аъмоли Исроил.

5 Ва Худованд мамлакатро дар дасти ӯ устувор гардонид, ва тамоми аҳли Яҳудо ҳадияҳо барои Еҳӯшофот меоварданд, ва ӯ сарват ва шавкати зиёде дошт.

6 Ва дили ӯ дар роҳҳои Худованд фахр менамуд; ва баландиҳо ва Ашераҳоро низ аз Яҳудо дур кард.

7 Ва дар соли сеюми подшоҳии худ сарваронаш Бен‐Ҳайил ва Убадьё ва Закарьё ва Натанъил ва Микойҳуро фиристод, то ки дар шаҳрҳои Яҳудо таълим диҳанд.

8 Ва бо онҳо левизодагон: Шамаъёҳу ва Натанъёҳу ва Асоил ва Шемиромӯт ва Еҳӯнотон ва Адӯниёҳу ва Тӯбиё ва Тӯв‐Адӯниё, ки левизодагон буданд; ва бо онҳо Элишомоъ ва Еҳӯром, ки коҳинон буданд.

9 Ва онҳо дар Яҳудо таълим медоданд, ва китоби Тавроти Худованд бо онҳо буд; ва дар ҳамаи шаҳрҳои Худованд гардиш карда, қавмро таълим медоданд.

Иқтидори Еҳӯшофот пурзӯр мегардад.

10 Ва тарси Худованд ҳамаи салтанатҳои кишварҳоеро, ки дар гирду пеши Яҳудо буданд, фаро гирифт, ва онҳо бо Еҳӯшофот ҷанг накарданд.

11 Ва аз фалиштиён барои Еҳӯшофот ҳадия ва нуқраи хироҷ оварданд; арабҳо низ барои ӯ чорво: ҳафт ҳазору ҳафтсад қӯчқор ва ҳафт ҳазору ҳафтсад нарбуз оварданд.

12 Ва Еҳӯшофот торафт бештар қувват гирифта, бузург шуд; ва дар Яҳудо қалъаҳо ва шаҳрҳои захираҳо бино кард.

13 Ва ҳунармандони сершуморе барои ӯ дар шаҳрҳои Яҳудо кор мекарданд; ва мардони ҷангии ҷасуре дар Ерусалим дошт.

14 Ва ин аст шумораи онҳо бар ҳасби хонаводаҳошон: аз Яҳудо мириҳазорҳо, ки сарвари онҳо Адно буд, ва бо ӯ сесад ҳазор мардони ҷангӣ буданд.

15 Ва дар паҳлуи ӯ Еҳӯҳонони сарвар буд, ва бо вай дусаду ҳаштод ҳазор сарбоз буданд.

16 Ва дар паҳлуи вай Амасьё ибни Зикрӣ буд, ки барои Худованд ионат медод, ва бо ӯ дусад ҳазор мардони ҷангӣ буданд.

17 Ва аз Биньёмин Эльёдои марди ҷангӣ буд, ва бо ӯ дусад ҳазор камонварон ва сипардорон буданд.

18 Ва дар паҳлуи ӯ Еҳӯзобод буд, ва бо вай саду ҳаштод ҳазор пешоҳангони лашкар буданд.

19 Инҳо хизмати подшоҳро ба ҷо меоварданд, ғайр аз онҳое ки подшоҳ дар шаҳрҳои ҳисордор дар тамоми Яҳудо ҷойгир карда буд.

18

БОБИ ҲАЖДАҲУМ

Иттифоқи Еҳӯшофот бо Аҳъоб.

1 Ва Еҳӯшофот сарват ва шавкати зиёде дошт; ва бо Аҳъоб хешованд шуд.

2 Ва баъд аз чанд сол назди Аҳъоб ба Сомария фурӯд омад, ва Аҳъоб барои ӯ ва барои қавме ки ҳамроҳаш буданд, гӯсфандон ва говони бисьёре забҳ кард, ва ӯро тарғиб намуд, ки ба Ромӯт‐Ҷилъод барояд.

3 Ва Аҳъоб, подшоҳи Исроил, ба Еҳӯшофот, подшоҳи Яҳудо, гуфт: «Оё бо ман ба Ромӯт‐Ҷилъод меравӣ?» Ва ӯ ба вай гуфт: «Чунон ки туӣ, ончунон манам, ва чунон ки қавми туанд, ончунон қавми мананд, ва ман бо ту ба ҷанг хоҳам рафт».

Анбиёи козиби Аҳъоб.

4 Ва Еҳӯшофот ба подшоҳи Исроил гуфт: «Лутфан, ту имрӯз каломи Худовандро бипурс».

5 Ва подшоҳи Исроил анбиёро, ки чорсад нафар буданд, ҷамъ карда, ба онҳо гуфт: «Оё ба Ромӯт‐Ҷилъод барои ҷанг биравем, ё ки худро боздорам?» Ва онҳо гуфтанд: «Бирав, ва Худо онро ба дасти подшоҳ хоҳад супурд».

6 Ва Еҳӯшофот гуфт: «Оё дар ин ҷо боз набии Худованд нест, то ки аз вай бипурсем?»

7 Ва подшоҳи Исроил ба Еҳӯшофот гуфт: «Боз як мард ҳаст, ки ба воситаи вай аз Худованд пурсидан мумкин аст, вале ман аз вай нафрат дорам, зеро ки вай дар ҳаққи ман ба хубӣ нубувват намекунад, балки тамоми умри худ ба бадӣ; вай Микойҳу ибни Йимло мебошад». Ва Еҳӯшофот гуфт: «Подшоҳ чунин нагӯяд».

8 Ва подшоҳи Исроил як хоҷасароро хонда, гуфт: «Микойҳу ибни Йимлоро ба зудӣ биёр».

9 Ва подшоҳи Исроил ва Еҳӯшофот, подшоҳи Яҳудо, ҳар яке либосҳои худро пӯшида, бар тахти худ дар майдони даҳани дарвозаи Сомария нишаста буданд, ва тамоми анбиё ба ҳузури онҳо нубувват мекарданд.

10 Ва Сидқиёҳу ибни Канъона шохҳои оҳанин барои худ сохта, гуфт: «Худованд чунин мегӯяд: „Арамиёнро бо инҳо шох хоҳӣ зад, то ки тамоман маҳв шаванд“».

11 Ва тамоми анбиё ҳамин тавр нубувват карда, мегуфтанд: «Ба Ромӯт‐Ҷилъод бирав ва комьёб шав, чунки Худованд онро ба дасти подшоҳ хоҳад супурд».

Нубуввати ҳақиқии Микойҳу.

12 Ва қосиде ки барои хондани Микойҳу рафта буд, ба вай сухан ронда, гуфт: «Инак, анбиё бо як овоз суханони хуб дар ҳаққи подшоҳ мегӯянд; бигзор сухани ту низ мисли яке аз онҳо бошад, яъне ту ҳам сухани хуб бигӯй».

13 Ва Микойҳу гуфт: «Қасам ба ҳаёти Худованд, ки он чи Худованд ба ман бигӯяд, ҳамонро хоҳам гуфт».

14 Ва ӯ назди подшоҳ омад, ва подшоҳ ба ӯ гуфт: «Эй Микойҳу, оё ба Ромӯт‐Ҷилъод барои ҷанг биравем, ё ки худро боздорам?» Ва ӯ гуфт: «Биравед ва комьёб шавед, чунки онҳо ба дасти шумо супурда хоҳанд шуд».

15 Ва подшоҳ ба ӯ гуфт: «Чанд маротиба ман туро қасам бидиҳам, ки ба исми Худованд, ғайр аз он чи рост аст, ба ман нагӯӣ?»

16 Ва ӯ гуфт:

«Тамоми Исроилро мисли рамае ки чӯпон надорад, бар кӯҳҳо пароканда дидам.

Ва Худованд гуфт:

„Инҳо соҳиб надоранд,

пас бигзор ҳар яке ба хонаи худ ба саломатӣ баргарданд“».

17 Ва подшоҳи Исроил ба Еҳӯшофот гуфт: «Оё ба ту нагуфтам, ки вай дар ҳаққи ман ба хубӣ нубувват намекунад, балки ба бадӣ?»

18 Ва ӯ гуфт: «Пас, каломи Худовандро бишнавед: ман Худовандро бар тахти Худ нишаста дидам, ва тамоми лашкари осмон ба тарафи рости Ӯ ва ба тарафи чапи Ӯ истода буданд.

19 Ва Худованд гуфт: „Кист, ки Аҳъоб, подшоҳи Исроилро розӣ кунад, то ки вай ба Ромӯт‐Ҷилъод рафта, фурӯ ғалтад?“ Яке ин тавр гуфт, ва дигаре он тавр гуфт.

20 Ва рӯҳе берун омада, ба ҳузури Худованд истод ва гуфт: „Ман ӯро розӣ мекунам“. Ва Худованд ба вай гуфт: „Чӣ гуна?“

21 Вай гуфт: „Ман берун омада, рӯҳи козибе дар даҳони тамоми анбиёи ӯ мегардам“. Ва Ӯ гуфт: „Ту розӣ хоҳӣ кард ва низ муваффақият хоҳӣ ёфт; пас берун омада, чунин амал намо“.

22 Ва инак, алҳол Худованд рӯҳи козибе дар даҳони ин анбиёи ту гузоштааст; вале Худованд дар ҳаққи ту сухани бад гуфтааст».

23 Ва Сидқиёҳу ибни Канъона наздик омада, Микойҳуро як торсакӣ зад ва гуфт: «Бо кадом роҳ Рӯҳи Худованд аз ман убур кардааст, то ки бо ту сухан гӯяд?»

24 Ва Микойҳу гуфт: «Инак, дар он рӯзе ки ту ба ҳуҷраи дохилӣ даромада пинҳон шавӣ, инро хоҳӣ дид».

25 Ва подшоҳи Исроил гуфт: «Микойҳуро бигиред, ва ӯро назди Амӯн, ҳокими шаҳр, ва Йӯош, писари подшоҳ, баргардонед,

26 Ва бигӯед: „Подшоҳ чунин мегӯяд: инро дар зиндон биандозед, ва нони кам ва оби кам варо бихӯронед, то даме ки ман ба саломатӣ баргардам“».

27 Ва Микойҳу гуфт: «Агар ту ба саломатӣ баргардӣ, Худованд ба воситаи ман сухан нагуфта бошад». Ва гуфт: «Бишнавед, ҳамаи қавмҳо!»

Ҳарбу зарб назди Ромӯт‐Ҷилъод. Фавти Аҳъоб.

28 Ва подшоҳи Исроил ва Еҳӯшофот, подшоҳи Яҳудо, ба Ромӯт‐Ҷилъод рафтанд.

29 Ва подшоҳи Исроил ба Еҳӯшофот гуфт: «Ман либоси дигар пӯшида, ба ҷанг медароям, валекин ту либоси худро бипӯш». Ва подшоҳи Исроил либоси дигар пӯшида, ба ҷанг даромад.

30 Ва подшоҳи Арам ба сардорони аробаҳояш амр фармуда, гуфт: «На бо хурде ва на бо калоне, балки танҳо бо подшоҳи Исроил ҷанг кунед».

31 Ва ҳангоме ки сардорони аробаҳо Еҳӯшофотро диданд, гуфтанд: «Подшоҳи Исроил ҳамин аст». Ва ӯро иҳота намуданд, то ки бо ӯ ҷанг кунанд. Ва Еҳӯшофот фарьёд зад, ва Худованд ба ӯ мадад кард, ва Худо онҳоро аз ӯ дур сохт.

32 Ва чун сардорони аробаҳо диданд, ки ӯ подшоҳи Исроил нест, аз ӯ дур шуданд.

33 Ва касе зеҳи камонашро тасодуфан кашида, подшоҳи Исроилро аз миёни кӯкҳои ҷавшанаш зад; ва ӯ ба аробакаши худ гуфт: «Ҷилавро гардонида, маро аз майдони ҷанг берун барор, зеро ки бемор шудаам».

34 Ва дар он рӯз ҷанг авҷ гирифт, ва подшоҳи Исроилро дар аробааш дар рӯ ба рӯи арамиён то бегоҳирӯзӣ ба по хезонида нигоҳ доштанд, ва дар вақти ғуруби офтоб ӯ мурд.

19

БОБИ НУЗДАҲУМ

Еҳу иттифоқи Аҳъоб ва Еҳӯшофотро мазаммат менамояд.

1 Ва Еҳӯшофот, подшоҳи Яҳудо, ба хонаи худ ба Ерусалим ба саломатӣ баргашт.

2 Ва Еҳу ибни Ҳанонии ғайбгӯй ба истиқболи ӯ берун омад, ва ба подшоҳ Еҳӯшофот гуфт: «Оё туро сазад, ки ба шарире ёварӣ намоӣ, ва душманони Худовандро дӯст дорӣ? Аз ин сабаб бар ту ғазабе аз ҷониби Худованд ба вуҷуд омадааст.

3 Аммо дар ту аъмоли нек низ ёфт шудааст, чунки Ашераҳоро аз замин нест кардаӣ, ва дили худро моили он гардонидаӣ, ки Худоро ҷӯё бошӣ».

Еҳӯшофот худопарастии ҳақиқиро аз нав барқарор менамояд.

4 Ва Еҳӯшофот дар Ерусалим сокин гардида, аз нав назди қавм аз Беэр‐Шобаъ то кӯҳи Эфроим берун омад, ва онҳоро сӯи Худованд Худои падаронашон баргардонид.

5 Ва доваронро дар мамлакат, дар ҳамаи шаҳрҳои Яҳудо, шаҳр ба шаҳр, гузошт.

6 Ва ба доварон гуфт: «Диққат диҳед, ки шумо чӣ гуна амал мекунед, зеро ки на барои одам доварӣ менамоед, балки барои Худованд; ва дар амали доварӣ Ӯ бо шумо хоҳад буд.

7 Ва алҳол, бигзор тарси Худованд бар шумо бошад. Эҳтиёткорона амал намоед, зеро ки назди Худованд Худои мо беинсофӣ ва рӯбинӣ ва ришвахӯрӣ нест».

8 Ва дар Ерусалим низ Еҳӯшофот аз левизодагон ва коҳинон ва аз сардорони хонаводаҳои Исроил баҳри доварии Худованд ва муҳокимаи даъвоҳо гузошт; ва ба Ерусалим баргаштанд.

9 Ва ба онҳо амр фармуда, гуфт: «Дар тарси Худованд, бо имон ва дили комил чунин амал кунед,

10 Ва дар ҳар даъвое ки аз ҷониби бародарони шумо, ки дар шаҳрҳои худ сукунат доранд, пеши шумо меояд, — хоҳ оид ба хунрезӣ, хоҳ оид ба шариат, ва аҳком, ва фароиз, ва дастурҳо бошад, — онҳоро огоҳ намоед, то ки пеши Худованд гуноҳкор нашаванд, ва бар шумо ва бар бародарони шумо ғазаб наояд; чунин амал кунед, ва шумо гуноҳкор нахоҳед шуд.

11 Ва инак, Амарьёҳуи саркоҳин бар сари шумо дар ҳар кори Худованд аст, ва Забадьёҳу ибни Исмоил, ки раиси хонадони Яҳудо мебошад, — дар ҳар кори подшоҳ аст, ва нозирони левизода пеши шумоянд; пас, қавӣ бошед ва амал кунед, ва Худованд бо некон хоҳад буд».

20

БОБИ БИСТУМ

Ба Яҳудо ҳуҷум овардани мӯобиён.

1 Ва баъд аз он чунин воқеъ шуд, ки банӣ‐Мӯоб ва банӣ‐Аммӯн, ва бо онҳо баъзе аз маӯниён ба муқобили Еҳӯшофот барои ҷанг омаданд.

2 Ва назди Еҳӯшофот омаданд ва хабар дода, гуфтанд: «Анбӯҳи бузурге аз он тарафи баҳр, аз Арам ба муқобили ту меоянд, ва инак, онҳо ба Ҳасасӯн‐Томор, ки ҳамон Айн‐Ҷадӣ бошад, расидаанд».

Дуои Еҳӯшофот.

3 Ва Еҳӯшофот ба ҳарос афтод, ва ба мадади Худованд рӯй овард, ва дар тамоми Яҳудо рӯзадорӣ эълон кард.

4 Ва аҳли Яҳудо ҷамъ шуданд, то ки аз Худованд мадад пурсанд; аз ҳамаи шаҳрҳои Яҳудо низ омаданд, то ки аз Худованд мадад пурсанд.

5 Ва Еҳӯшофот дар миёни ҷамоати Яҳудо ва Ерусалим, дар хонаи Худованд, пеши саҳни нав истода,

6 Гуфт: «Эй Худованд Худои падарони мо! Ту, охир, Худо дар осмон ҳастӣ, ва Ту бар ҳамаи мамлакатҳои қавмҳо салтанат меронӣ, ва қувват ва иқтидор дар дасти Туст, ва касе нест, ки тавонад пеши Ту истодагӣ намояд.

7 Ту, охир, эй Худои мо, сокинони ин заминро аз пеши қавми Худ Исроил бадар рондаӣ, ва онро ба насли дӯсти Худ Иброҳим ба сурати абадӣ додаӣ.

8 Ва онҳо дар он сокин шуданд, ва барои Ту қудсе ба исми Ту дар он бино карда, гуфтанд:

9 „Агар мусибате, шамшери ҷазодиҳандае, ё вабо ва қаҳтӣ бар мо биёяд, мо пеши ин хона ва пеши Ту, — чунки исми Ту дар ин хона аст, — биистем ва сӯи Ту дар тангии худ истиғоса барем, ва Ту иҷобат намуда наҷот хоҳӣ дод“.

10 Ва алҳол, инак, банӣ‐Аммӯн ва Мӯоб ва кӯҳи Сеир, ки Ту ба Исроил, вақте ки аз замини Миср меомаданд, иҷозат надодӣ, ки аз кишварҳои онҳо убур намоянд, бинобар ин аз пеши онҳо давр зада гузашта, онҳоро несту нобуд накарданд, —

11 Инак, онҳо подоши инро ба мо медиҳанд, яъне мехоҳанд, ки омада, моро аз меросе ки ба тасарруфи мо додаӣ, бадар ронанд.

12 Эй Худои мо! Худат онҳоро доварӣ намо, зеро мо қувват надорем, ки пеши анбӯҳи бузурге ки ба муқобили мо меоянд, истодагӣ намоем, ва мо намедонем чӣ кор кунем, балки чашмони мо ба сӯи Туст».

13 Ва тамоми аҳли Яҳудо ба ҳузури Худованд истода буданд, низ кӯдаконашон, занонашон ва писаронашон.

Худованд ба воситаи Яҳазиил ҷавоб мегардонад.

14 Ва Яҳазиил ибни Закарьёҳу, ибни Баноё, ибни Яиил, ибни Маттанъёи левизода, ки аз банӣ‐Ософ буд, — бар ӯ Рӯҳи Худованд дар миёни ҷамоат нозил шуд,

15 Ва ӯ гуфт: «Гӯш андозед, эй тамоми Яҳудо ва сокинони Ерусалим ва подшоҳ Еҳӯшофот! Худованд ба шумо ҷунин мегӯяд: „Шумо аз ин анбӯҳи бузург натарсед ва ҳаросон нашавед, зеро ки ин ҷанг аз они шумо нест, балки аз они Худост.

16 Фардо бар онҳо фурӯд оед: инак, онҳо ба баландии Сис мебароянд, ва шумо онҳоро дар интиҳои водӣ, назди биёбони Яруил хоҳед ёфт.

17 Дар ин ҷанг шумо нахоҳед ҷангид; шумо, эй Яҳудо ва Ерусалим, бархоста биистед, ва наҷоти Худовандро, ки бо шумо хоҳад буд, бубинед! Натарсед ва ҳаросон нашавед! Фардо ба муқобили онҳо берун оед, ва Худованд бо шумо хоҳад буд“».

18 Ва Еҳӯшофот рӯ ба замин афтод, ва тамоми аҳли Яҳудо ва сокинони Ерусалим ба ҳузури Худованд афтоданд, то ки ба Худованд саҷда баранд.

19 Ва левизодагон аз банӣ‐қаҳотиён ва аз банӣ‐қӯраҳиён бархостанд, то ки дар ҳаққи Худованд Худои Исроил бо овози бағоят баланд ҳамду сано гӯянд.

20 Ва бомдодон бармаҳал бархоста, сӯи биёбони Тақӯо берун омаданд; ва ҳангоме ки берун меомаданд, Еҳӯшофот биистод ва гуфт: «Маро бишнавед, эй аҳли Яҳудо ва сокинони Ерусалим! Ба Худованд Худои худ имон оваред ва амин хоҳед буд, ба анбиёи Ӯ имон оваред, ва комьёб хоҳед шуд».

21 Ва бо қавм машварат карда, мутрибонро таъин намуд, то ки пешопеши фавҷи пешоҳанг берун рафта, дар шаъни Худованд бисароянд ва ҳашамати қудсиятро мадҳ карда, бигӯянд: «Худовандро ҳамд гӯед, зеро ки эҳсони Ӯ то абад аст!»

22 Ва ҳангоме ки онҳо ба сурудан ва ҳамд гуфтан шурӯъ карданд, Худованд бар банӣ‐Аммӯн, Мӯоб ва аҳли кӯҳи Сеир, ки ба Яҳудо омада буданд, камин ниҳод, ва онҳо шикаст хӯрданд;

23 Ва банӣ‐Аммӯн ва Мӯоб бар сокинони кӯҳи Сеир қиём намуда, онҳоро несту нобуд карданд, ва ҳангоме ки кори сокинони Сеирро тамом карданд, якдигарро куштан гирифтанд.

24 Ва ҳангоме ки аҳли Яҳудо ба дидбонгоҳи биёбон расида, ба он анбӯҳ назар андохтанд, инак, ҷасадҳои мурда бар замин хобидааст, ва растагоре нест.

25 Ва Еҳӯшофот бо қавми худ барои гирифтани ғанимати онҳо омад, ва назди онҳо молу мулк ва сару либос ва чизҳои гаронбаҳои зиёде ёфтанд, ва барои худ он қадар гирифтанд, ки ёрои бардошта бурдан надоштанд, ва се рӯз онҳо ғаниматро мегирифтанд, зеро ки бағоят бисьёр буд.

Ботантана ба Ерусалим баргаштанд.

26 Ва дар рӯзи чорум дар водии Баракат ҷамъ шуданд, зеро ки дар он ҷо Худовандро муборак хонданд; бинобар ин номи он маконро водии Баракат ниҳоданд, ки то имрӯз чунин аст.

27 Ва тамоми мардуми Яҳудо ва Ерусалим бо сардории Еҳӯшофот бо шодмонӣ ба Ерусалим баргаштанд, зеро ки Худованд онҳоро бар душманонашон шод гардонида буд.

28 Ва дар Ерусалим бо барбатҳо ва удҳо ва карнайҳо назди хонаи Худованд омаданд.

29 Ва тарси Худо ҳамаи салтанатҳои кишварҳоро фаро гирифт, чун шуниданд, ки Худованд бо душманони Исроил ҷангидааст.

30 Ва мамлакати Еҳӯшофот осуда шуд, ва Худои ӯ ба ӯ аз ҳар тараф оромӣ ато намуд.

31 Ва Еҳӯшофот бар Яҳудо подшоҳӣ кард; дар вақти подшоҳ шуданаш сию панҷсола буд, ва бисту панҷ сол дар Ерусалим подшоҳӣ кард, ва номи модараш Азубо бинти Шилҳӣ буд.

32 Ва бо роҳи падари худ Осо рафтор намуд, ва аз он дур нашуда, он чи дар назари Худованд мақбул буд, ба амал овард.

33 Аммо баландиҳо барҳам дода нашуд, ва қавм ҳанӯз дилҳои худро сӯи Худои падарони худ равона накарда буданд.

34 Ва бақияи аъмоли Еҳӯшофот, аз аввал то охир, дар вақоеъномаи Еҳу ибни Ҳанонӣ, ки он дар китоби подшоҳони Исроил дохил аст, навишта шудааст.

Еҳӯшофот бо Аҳазьё шарик мешавад.

35 Ва баъд аз ин Еҳӯшофот, подшоҳи Яҳудо, бо Аҳазьё, подшоҳи Исроил, ки шарирона рафтор мекард, шарик шуд.

36 Ва бо вай шарик шуд, то ки киштиҳо сохта, ба Таршиш равона кунад; ва онҳо дар Эсьюн‐Ҷобар киштиҳо сохтанд.

37 Ва Элиозар ибни Дӯдовоҳу, ки аз Морешо буд, дар ҳаққи Еҳӯшофот нубувват намуда, гуфт: «Азбаски бо Аҳазьё шарик шудӣ, Худованд кори туро вайрон хоҳад кард». Ва киштиҳо дарҳам шикаста, ба Таршиш натавонистанд бираванд.

21

БОБИ БИСТУ ЯКУМ

Еҳӯром, баъд аз фавти падараш,

бар Яҳудо подшоҳ мешавад.

1 Ва Еҳӯшофот бо падарони худ хобид, ва бо падарони худ дар шаҳри Довуд дафн карда шуд; ва писараш Еҳӯром ба ҷои ӯ подшоҳ шуд.

2 Ва бародарони ӯ, писарони Еҳӯшофот, инҳо буданд: Азарьё ва Яҳиил ва Закарьёҳу ва Азарьёҳу ва Микоил ва Шафатьёҳу; ҳамаи инҳо писарони Еҳӯшофот, подшоҳи Исроил, буданд.

3 Ва падарашон ба онҳо инъомҳои зиёде аз нуқра ва тилло ва чизҳои гаронбаҳо, бо шаҳрҳои ҳисордор дар Яҳудо, бахшид; валекин салтанатро ба Еҳӯром дод, зеро ки ӯ нахустзода буд.

4 Ва ҳангоме ки Еҳӯром салтанати падарашро соҳиб шуда, қувват гирифт, ҳамаи бародарони худ, ва низ баъзеро аз сарварони Исроил бо шамшер кушт.

5 Дар вақти подшоҳ шуданаш Еҳӯром сию дусола буд, ва ҳашт сол дар Ерусалим подшоҳӣ кард.

6 Ва ӯ бо роҳи подшоҳони Исроил рафтор кард, чунон ки хонадони Аҳъоб рафтор карда буданд, зеро ки духтари Аҳъоб зани ӯ буд, ва он чи дар назари Худованд бад буд, ба амал овард.

7 Вале Худованд ба хотири аҳде ки бо Довуд баста буд, нахост хонадони Довудро ба ҳалокат расонад, зеро ба ӯ ваъда дода буд, ки барои ӯ ва фарзандони ӯ умрбод чароғе бидиҳад.

Исьёни Адӯм ва Либно.

8 Дар айёми ӯ Адӯм аз зери дасти Яҳудо исьён бардошт, ва онҳо бар худ подшоҳе гузоштанд.

9 Ва Еҳӯром бо сардорони худ убур намуд, ва ҳамаи аробаҳояш бо ӯ буд; ва шабона ӯ бархост ва сафҳои адӯмиёнро, ки ӯ ва сардорони аробаҳоро иҳота карда буданд, рахна намуда, ақиб нишаст.

10 Ва Адӯм аз зери дасти Яҳудо исьён бардошт, ки то имрӯз чунин аст; дар он замон Либно аз зери дасти ӯ исьён бардошт, зеро ки ӯ Худованд Худои падарони худро тарк кард.

11 Ҳамчунин ӯ баландиҳо дар кӯҳҳои Яҳудо барпо намуд, ва сокинони Ерусалимро зинокор гардонид, ва аҳли Яҳудоро ба васваса андохт.

Мактуб аз Ильёси набӣ.

12 Ва мактубе аз Ильёси набӣ ба ӯ расид, ки дар он гуфта шуда буд: «Худованд Худои падарат Довуд чунин мегӯяд: „Азбаски ту бо роҳҳои падарат Еҳӯшофот ва бо роҳҳои Осо, подшоҳи Яҳудо, рафтор накардӣ,

13 Балки бо роҳи подшоҳони Исроил рафтор намуда, аҳли Яҳудо ва сокинони Ерусалимро зинокор гардондӣ, чунон ки хонадони Аҳъоб зинокор гардонида буданд; ва низ бародарони худро аз хонадони падарат, ки аз ту беҳтар буданд, ба қатл расондӣ, —

14 Инак, Худованд қавми ту, ва писарони ту, ва занони ту, ва тамоми молу мулки туро ба балои азим гирифтор хоҳад кард;

15 Ва худат ба дардҳои зиёде, яъне ба бемории амъои худ мубтало хоҳӣ шуд, то ба дараҷае ки амъоят аз он дард рӯз ба рӯз берун хоҳад омад“».

16 Ва Худованд рӯҳи фалиштиён ва арабҳоро, ки дар паҳлуи ҳабашиён буданд, ба муқобили Еҳӯром барангехт;

17 Ва онҳо ба Яҳудо ҳуҷум оварданд, ва онро рахна карда даромаданд, ва тамоми молу мулкеро, ки дар хонаи подшоҳ ёфт шуд, ва писарон ва занони ӯро низ ба асирӣ бурданд; ва барои ӯ, ғайр аз Еҳӯоҳоз, ки хурдтарини писаронаш буд, писаре боқӣ намонд.

Бемории илоҷнопазири Еҳӯром, ва фавти ӯ.

18 Ва баъд аз ҳамаи ин Худованд амъои ӯро ба бемории илоҷнопазире гирифтор кард.

19 Ва бо мурури айём, вақте ки ду сол ба интиҳо расид, амъояш аз шиддати дардаш берун омада, ӯ бо азоби сахте мурд; ва қавмаш барои ӯ оташ наафрӯхтанд, чунон ки барои падарони ӯ барафрӯхта буданд.

20 Дар вақти подшоҳ шуданаш ӯ сию дусола буд, ва ҳашт сол дар Ерусалим подшоҳӣ кард; ва бе он ки сазовори дилсӯзӣ гардида бошад, аз дуньё даргузашт, ва ӯро дар шаҳри Довуд дафн карданд, вале на дар мақбараи подшоҳон.

22

БОБИ БИСТУ ДУЮМ

Подшоҳии Аҳазьёҳу дар Яҳудо.

1 Ва сокинони Ерусалим писари хурдии ӯ Аҳазьёҳуро ба ҷои ӯ подшоҳ карданд, зеро фавҷе ки бо арабҳо ба ӯрдугоҳ даромада буданд, ҳамаи писарони калониро кушта буданд; ва Аҳазьёҳу ибни Еҳӯром, подшоҳи Яҳудо, подшоҳ шуд.

2 Дар вақти подшоҳ шуданаш Аҳазьёҳу чилу дусола буд, ва як сол дар Ерусалим подшоҳӣ кард; ва номи модараш Атальё бинти Омрӣ буд.

3 Ӯ низ бо роҳҳои хонадони Аҳъоб рафтор намуд, зеро ки модараш машваратчии ӯ буд, то ки корҳои шарирона бикунад.

4 Ва мисли хонадони Аҳъоб, он чи дар назари Худованд бад буд, ба амал овард, зеро ки онҳо, баъд аз фавти падараш, машваратчиёни ӯ буданд, то ки ба ҳалокат бирасад.

5 Бар тибқи машварати онҳо рафтор карда, ӯ бо Йӯром ибни Аҳъоб, подшоҳи Исроил, ба ҷанги зидди Ҳазоил, подшоҳи Арам, ба Ромӯт‐Ҷилъод рафт, ва арамиён Йӯромро захмдор карданд.

Аҳазьёҳу барои дидани Йӯром ба Изреъил меояд.

6 Ва ӯ ба Изреъил баргашт, то аз захмҳое ки ба ӯ дар Ромо расонида буданд, вақте ки бо Ҳазоил, подшоҳи Арам, меҷангид, шифо ёбад; ва Аҳазьёҳу ибни Еҳӯром, подшоҳи Яҳудо, барои дидани Йӯром ибни Аҳъоб ба Изреъил фурӯд омад, чунки вай бемор буд.

7 Ва ҳалокати Аҳазьёҳу аз ҷониби Худо буд, ки ӯ назди Йӯром омад, ва омадан замон бо Йӯром ба Еҳу ибни Нимшӣ муқобил баромад, ки варо Худованд барои нест кардани хонадони Аҳъоб тадҳин намуда буд.

Қатли сарварони Яҳудо. Фавти Аҳазьёҳу.

8 Ва ҳангоме ки Еҳу аз хонадони Аҳъоб қасос мегирифт, сарварони Яҳудо ва писарони бародарони Аҳазьёҳуро, ки ба Аҳазьёҳу хизмат мекарданд, ёфта, онҳоро ба қатл расонид.

9 Ва Аҳазьёҳуро талаб кард, ва ӯро дар ҳолате ки дар Сомария пинҳон шуда буд, дастгир карда, назди Еҳу оварданд, ва ӯро кушта, дафн карданд, зеро ки гуфтанд: «Ӯ писари Еҳӯшофот аст, ки вай бо тамоми дили худ Худовандро ҷӯё шуда буд». Ва аз хонадони Аҳазьёҳу касе боқӣ намонд, ки қувват дошта бошад салтанат ронад.

10 Ва Атальё, модари Аҳазьёҳу, чун дид, ки писараш мурд, бархоста, тамоми насли подшоҳони хонадони Яҳудоро несту нобуд кард.

11 Вале Еҳӯшобаъ, духтари подшоҳ, Еҳӯош ибни Аҳазьёҳуро гирифт, ва ӯро аз миёни писарони подшоҳ, ки кушта мешуданд, дуздид, ва ӯро бо ширдораш ба хонаи хобгоҳ бурда ҷойгир кард; ва Еҳӯшобаъ, духтари подшоҳ Еҳӯром, ки зани Еҳӯёдои коҳин буд, — зеро ки вай хоҳари Аҳазьёҳу буд, — ӯро аз Атальё пинҳон кард, ва вай ӯро накушт.

12 Ва ӯ бо онҳо дар хонаи Худо шаш сол пинҳон буд; ва Атальё дар мамлакат подшоҳӣ мекард.

23

БОБИ БИСТУ СЕЮМ

Еҳӯош дар Яҳудо подшоҳ мешавад.

1 Ва дар соли ҳафтум Еҳӯёдоъ қувват ёфт, ва мирисадҳо Азарьё ибни Ерӯҳом, ва Исмоил ибни Еҳӯҳонон, ва Азарьёҳу ибни Ӯбид, ва Маасиёҳу ибни Адоёҳу, ва Элишофот ибни Зикриро бо худ гирифта, аҳд баст.

2 Ва онҳо дар Яҳудо гардиш карданд, ва левизодагонро аз ҳамаи шаҳрҳои Яҳудо, ва сардорони хонаводаҳои Исроилро ҷамъ карда, ба Ерусалим омаданд.

3 Ва тамоми ҷамоат дар хонаи Худо бо подшоҳ аҳд бастанд, ва Еҳӯёдоъ ба онҳо гуфт: «Инак, писари подшоҳ подшоҳӣ хоҳад кард, чунон ки Худованд дар бораи банӣ‐Довуд гуфтааст.

4 Ин аст коре ки шумо бояд ба ҷо оваред: сеяки шумо, яъне онҳое ки дар шанбе меоянд, иборат аз коҳинон ва левизодагон, дарбонони назди остонаҳо бошед;

5 Ва сеяки дигар — дар хонаи подшоҳ; ва сеяки боқӣ — назди дарвозаи Есӯд; ва тамоми қавм — дар саҳнҳои хонаи Худованд.

6 Ва бигзор касе ба хонаи Худованд дохил нашавад, ғайр аз коҳинон ва хизматгузорони левизода, ки онҳо дохил мешаванд, зеро ки онҳо муқаддасанд; ва тамоми қавм бигзор навбатдории Худовандро ба ҷо оваранд.

7 Ва бигзор левизодагон подшоҳро аз ҳар тараф иҳота намоянд, дар ҳолате ки ҳар якеро аслиҳааш дар дасташ бошад, ва ҳар кӣ ба хона дарояд, бояд кушта шавад; ва ҳангоме ки подшоҳ дохил мешавад ва берун меравад, шумо назди ӯ хоҳед буд».

8 Ва левизодагон ва тамоми аҳли Яҳудо ҳар он чи Еҳӯёдои коҳин амр фармуд, ба ҷо оварданд, ва ҳар яке одамони худро, — ҳам онҳоеро, ки дар шанбе меоянд, ва ҳам онҳоеро, ки дар шанбе берун мераванд, — гирифтанд, зеро ки Еҳӯёдои коҳин гурӯҳҳоро фориғ накард.

9 Ва Еҳӯёдои коҳин найзаҳо ва сипарҳои хурду калони подшоҳ Довудро, ки дар хонаи Худо буд, ба мирисадҳо дод.

10 Ва тамоми қавмро, ки ҳар яке аслиҳааш дар дасташ буд, аз тарафи рости хона то тарафи чапи хона, назди қурбонгоҳ ва назди хона, гирдогирди подшоҳ гузошт.

11 Ва писари подшоҳро бароварданд, тоҷ ва шаҳодатро бар ӯ гузоштанд, ва ӯро подшоҳ карданд, ва Еҳӯёдоъ ва писаронаш ӯро тадҳин намуда, гуфтанд: «Зинда бод подшоҳ!»

Қатли Атальё.

12 Ва Атальё овози қавмро, ки медавиданд ва подшоҳро мадҳ мекарданд, шунида, назди қавм ба хонаи Худованд омад.

13 Ва дид, ки инак, подшоҳ бар минбари худ назди даромадгоҳ истодааст, ва сарварон ва карнайҳо назди подшоҳ мебошанд, ва тамоми қавми мамлакат шодӣ мекунанд ва карнай менавозанд, ва муғанниён бо асбоби мусиқӣ ҳамду сано мехонанд; ва Атальё либосашро чок зада, гуфт: «Хиёнат! Хиёнат!»

14 Ва Еҳӯёдои коҳин мирисадҳоро, ки сардорони қӯшун буданд, хонда баровард ва ба онҳо гуфт: «Варо ба миёни сафҳо берун оваред, ва ҳар кӣ аз ақиби вай биравад, бо шамшер кушта хоҳад шуд». Зеро коҳин гуфта буд: «Варо дар хонаи Худованд накушед».

15 Ва ба вай роҳ доданд, ва ҳангоме ки вай ба даҳани дарвозаи аспҳои хонаи подшоҳ расид, дар он ҷо варо куштанд.

Еҳӯёдоъ бо қавм аҳд мебандад.

16 Ва Еҳӯёдоъ дар миёни худ ва тамоми қавм ва подшоҳ аҳд баст, то ки қавми Худованд бошанд.

17 Ва тамоми қавм ба хонаи Баал омада, онро хароб карданд, ва қурбонгоҳҳо ва бутҳояшро шикастанд, ва Маттонро, ки коҳини Баал буд, пеши қурбонгоҳҳо куштанд.

18 Ва Еҳӯёдоъ навбатдориҳои хонаи Худовандро ба дасти коҳинон ва левизодагон супурд, чунон ки Довуд дар хонаи Худованд тақсим карда буд, то ки бар тибқи он чи дар Тавроти Мусо навишта шудааст, бо шодмонӣ ва сурудхонӣ, мувофиқи дастури Довуд, қурбониҳои сӯхтанӣ барои Худованд тақдим намоянд.

19 Ва дарбононро назди дарвозаҳои хонаи Худованд гузошт, то касе ки аз ягон чиҳат палид аст, дохил нашавад.

20 Ва мирисадҳо, ва аъён, ва ҳокимони қавм, ва тамоми қавми мамлакатро гирифт, ва подшоҳро аз хонаи Худованд фурӯд овард, ва андаруни дарвозаи болоии хонаи подшоҳ дохил шуданд, ва подшоҳро бар тахти салтанат нишониданд.

21 Ва тамоми қавми мамлакат шодӣ карданд, ва шаҳр ором ёфт. Ва Атальёро бо шамшер куштанд.

24

БОБИ БИСТУ ЧОРУМ

Подшоҳии Еҳӯош.

1 Дар вақти подшоҳ шуданаш Еҳӯош ҳафтсола буд, ва чил сол дар Ерусалим подшоҳӣ кард. Ва номи модараш Сивьё, аз Беэр‐Шобаъ, буд.

2 Ва Еҳӯош, дар тамоми айёми Еҳӯёдои коҳин, он чиро, ки дар назари Худованд мақбул буд, ба амал овард.

3 Ва барои ӯ Еҳӯёдоъ ду зан гирифт, ва ӯ писарон ва духтарон ба дуньё овард.

4 Ва баъд аз он чунин воқеъ шуд, ки ба дили Еҳӯош фикри таъмир кардани хонаи Худованд омад.

5 Ва ӯ коҳинон ва левизодагонро ҷамъ карда, ба онҳо гуфт: «Ба шаҳрҳои Яҳудо бароед, ва аз тамоми Исроил барои таъмири хонаи Худои худ сол ба сол нуқра ҷамъ қунед, ва дар ин кор шитоб намоед». Валекин левизодагон шитоб накарданд.

6 Ва подшоҳ Еҳӯёдои саркоҳинро хонда, ба вай гуфт: «Чаро аз левизодагон талаб накардӣ, ки ҷизьяро, ки Мусо, бандаи Худованд, ва ҷамоати Исроил барои хаймаи шаҳодат муқаррар намуда буданд, аз Яҳудо ва Ерусалим биёранд?»

7 Зеро ки писарони Атальёи наҷиса ба хонаи Худо зада даромада, ҳамаи вақфҳои хонаи Худовандро барои Баалҳо истифода карда буданд.

Таъмири маъбад.

8 Ва подшоҳ амр фармуд, ва сандуқе сохта, онро назди дарвозаи хонаи Худованд аз берун гузоштанд.

9 Ва дар Яҳудо ва Ерусалим эълон карданд, ки ҷизьяро, ки Мусо бандаи Худо, дар биёбон бар Исроил муқаррар намуда буд, барои Исроил биёранд.

10 Ва ҳамаи сарварон ва тамоми қавм шодӣ карданд, ва оварда дар сандуқ андохтанд, то даме ки пур шуд.

11 Ва ҳангоме ки сандуқро ба воситаи левизодагон назди амалдорони подшоҳ меоварданд, ва онҳо медиданд, ки нуқра бисьёр аст, котиби подшоҳ ва амалдори саркоҳин омада, сандуқро холӣ мекарданд, ва онро бардошта, аз нав дар ҷояш мегузоштанд; ҳамин тавр рӯз ба рӯз амал намуда, нуқраи зиёде ҷамъ карданд.

12 Ва подшоҳ ва Еҳӯёдоъ онро ба саркороне ки бо корҳои таъмири хонаи Худованд машғул буданд, медоданд, ва онҳо сангтарошон ва дуредгаронро барои таъмири хонаи Худованд, ва оҳангарон ва мисгаронро барои мустаҳкам кардани хонаи Худованд киро мекарданд.

13 Ва саркорон кор мекарданд, ва корҳои таъмир ба воситаи онҳо анҷом ёфт, ва хонаи Худоро ба шакли аввалаи он дароварданд, ва онро мустаҳкам карданд.

14 Ва пас аз анҷом доданашон бақияи нуқраро ба подшоҳ ва Еҳӯёдоъ оварданд, ва аз он барои хонаи Худованд коло сохтанд, яъне колои хизмат, ва коло барои қурбониҳои сӯхтанӣ, ва қошуқҳо, ва асбоби тилло ва нуқра. Ва дар тамоми айёми Еҳӯёдоъ дар хонаи Худованд қурбониҳои сӯхтанӣ тақдим мекарданд.

15 Ва Еҳӯёдоъ пир ва солхӯрда гардида, мурд; дар вақти мурданаш саду сисола буд.

16 Ва ӯро дар шаҳри Довуд бо подшоҳон дафн карданд, зеро ки дар Исроил барои Худо ва барои хонаи Ӯ корҳои нек карда буд.

Маъсияти сарварон.

17 Ва баъд аз фавти Еҳӯёдоъ сарварони Яҳудо омада, ба подшоҳ саҷда бурданд; он гоҳ подшоҳ ба онҳо гӯш дод.

18 Ва онҳо хонаи Худованд Худои падарони худро тарк намуда, Ашераҳо ва бутҳоро ибодат карданд, ва аз барои ин маъсияташон ғазабе бар Яҳудо ва Ерусалим ба вуҷуд омад.

19 Ва Ӯ анбиёро назди онҳо фиристод, то ки онҳоро сӯи Худованд баргардонанд; ва онҳоро таъкид карданд, вале онҳо гӯш надоданд.

20 Ва Рӯҳи Худо Закарьё ибни Еҳӯёдои коҳинро фаро гирифт, ва ӯ бар баландие пеши қавм истода, ба онҳо гуфт: «Худо чунин мегӯяд: „Чаро шумо аҳкоми Худовандро поймол мекунед? Шумо комьёб нахоҳед шуд, зеро ки Худовандро тарк кардаед, ва Ӯ низ шуморо тарк хоҳад кард“».

21 Ва онҳо бар ӯ суиқасд намуда, ӯро дар саҳни хонаи Худованд, бар тибқи амри подшоҳ, сангсор карданд.

22 Ва подшоҳ Еҳӯош эҳсонеро, ки падари ӯ Еҳӯёдоъ ба вай карда буд, ба хотир наоварда, писарашро ба қатл расонид. Ва ӯ дар вақти мурданаш гуфт: «Худованд инро бубинад ва бозхост намояд!»

Арамиён ба Яҳудо ҳуҷум мекунанд. Фавти Еҳӯош.

23 Ва баъд аз гузаштани як сол, лашкари Арам ба муқобили ӯ баромада, ба Яҳудо ва Ерусалим дохил шуданд, ва ҳамаи сарварони қавмро аз миёни қавм куштанд, ва тамоми ғаниматеро, ки аз онҳо гирифта буданд, ба подшоҳи Димишқ фиристоданд.

24 Агарчи лашкари Арам бо андак одамон омада буданд, Худованд лашкари бағоят сершуморро ба дасташон супурд, зеро ки Худованд Худои падарони худро тарк карда буданд; ва Еҳӯошро низ шиканҷа карданд.

25 Ва ҳангоме ки аз пеши ӯ рафтанд, навкаронаш бар Ӯ суиқасд намуда, ӯро аз барои хуни писари Еҳӯёдои коҳин бар бистараш куштанд, ва ӯ мурд. Ва ӯро дар шаҳри Довуд дафн карданд, вале ӯро дар мақбараи подшоҳон дафн накарданд.

26 Ва касоне ки бар ӯ суиқасд карданд, инҳоянд: Зобод ибни Шимъоти аммӯния, ва Еҳӯзобод ибни Шимрити мӯобия.

27 Ва дар бораи писаронаш, ва дар бораи нубувватҳои зиёде ки дар ҳаққи ӯ карданд, ва дар бораи таъмири хонаи Худованд дар эзоҳоти китоби подшоҳон навишта шудааст. Ва писараш Амасьё ба ҷои ӯ подшоҳ шуд.

25

БОБИ БИСТУ ПАНҶУМ

Амасьё бар Яҳудо подшоҳӣ мекунад.

1 Амасьё дар синни бисту панҷсолагӣ подшоҳ шуд, ва бисту нӯҳ сол дар Ерусалим подшоҳӣ кард; ва номи модараш Еҳӯадон, аз Ерусалим, буд.

2 Ва он чи дар назари Худованд мақбул буд, ба амал овард, аммо на бо дили комил.

3 Ва ҳангоме ки салтанат дар дасташ мустаҳкам шуд, навкарони худро, ки падараш подшоҳро кушта буданд, ба қатл расонид.

4 Вале писарони онҳоро накушт, бар тибқи навиштаи китоби Тавроти Мусо, ки дар он Худованд амр фармуда, гуфтааст: «Падарон набояд барои гуноҳи писарон кушта шаванд, ва писарон набояд барои гуноҳи падарон кушта шаванд, балки ҳар кас бояд барои гуноҳи худаш кушта шавад».

Ҷанг ба муқобили Адӯм.

5 Ва Амасьё аҳли Яҳудоро ҷамъ кард, ва онҳоро мувофиқи хонаводаҳо, дар тамоми Яҳудо ва Биньёмин, зери фармони мириҳазорҳо ва мирисадҳо гузошт; ва онҳоро аз бистсола ва болотар дар шумор оварда, сесад ҳазор гузинони найзавар ва сипардорро ёфт, ки метавонистанд ба аскарӣ бираванд.

6 Ва аз Исроил сад ҳазор мардони ҷангиро ба баҳои сад киккар нуқра киро кард.

7 Вале марди Худо назди ӯ омада, гуфт: «Эй подшоҳ! Бигзор лашкари Исроил бо ту нараванд, зеро ки Худованд бо Исроил, яъне бо тамоми банӣ‐Эфроим нест.

8 Балки худат бирав, ва амал намуда, дар ҷанг қавӣ шав, вагар на туро Худо пеши душман мағлуб хоҳад кард, зеро ки Худо қодир аст мадад расонад ва мағлуб созад».

9 Ва Амасьё ба марди Худо гуфт: «Пас, оид ба сад киккар нуқрае ки ба фавҷи Исроил додаам, чӣ кунам?» Ва марди Худо гуфт: «Худованд қодир аст ба ту аз ин зиёдтар бидиҳад».

10 Ва Амасьё он фавҷро, ки назди ӯ аз Эфроим омада буданд, ҷудо кард, то ки ба макони худ бираванд; ва ғазаби онҳо бар Яҳудо бағоят аланга гирифт, ва онҳо хашмгин шуда, ба макони худ баргаштанд.

11 Ва Амасьё далер гардида, қавми худро пеш бурд, ва ба дараи Милҳ расида, аз банӣ‐Сеир даҳ ҳазор нафарро кушт.

12 Ва банӣ‐Яҳудо даҳ ҳазор нафарро зинда асир карда, ба қуллаи Солаъ оварданд; ва онҳоро аз қуллаи Солаъ партофтанд, ва ҳамаашон нобуд шуданд.

13 Ва аҳли он фавҷ, ки Амасьё онҳоро баргардонида буд, то ки бо ӯ ба ҷанг нараванд, дар шаҳрҳои Яҳудо, аз Сомария то Байт‐Ҳӯрӯн, пароканда шуда, се ҳазор нафарро куштанд, ва ғанимати зиёдеро ба тороҷ бурданд.

14 Ва ҳангоме ки Амасьё ба адӯмиён шикаст расонида баргашт, ӯ худоёни банӣ‐Сеирро оварда, назди худ онҳоро ҳамчун худоён барқарор намуд, ва пеши онҳо сачда бурд, ва барои онҳо бухур сӯзонид.

15 Ва ғазаби Худованд бар Амасьё аланга гирифт, ва набиеро назди ӯ фиристод, ки вай ба ӯ гуфт: «Чаро ту худоёни қавмеро ҷӯё шудаӣ, ки онҳо натавонистанд қавми худро аз дасти ту раҳо кунанд?»

16 Ва ҳангоме ки вай ба ӯ сухан меронд, ӯ ба вай гуфт: «Оё туро машваратчии подшоҳ таъин кардаанд? Бас кун, чаро туро бикушанд?» Ва набӣ бас карда, гуфт: «Медонам, ки Худо қарор додааст туро нобуд кунад, зеро ки ту ин корро кардӣ, ва ба машварати ман гӯш надодӣ».

Ҷанги Яҳудо бо Исроил.

17 Ва Амасьё, подшоҳи Яҳудо, машварат намуд, ва назди Юош ибни Еҳӯоҳоз ибни Еҳу, подшоҳи Исроил, фиристода, гуфт: «Биё, рӯ ба рӯ шавем».

18 Ва Юош, подшоҳи Исроил, назди Амасьё, подшоҳи Яҳудо, фиристода, гуфт: «Мушхоре ки дар Лубнон аст, ба арзе ки дар Лубнон аст, фиристода, гуфтааст: „Духтари худро ба писари ман ба занӣ бидеҳ“. Валекин хайвони даштие ки дар Лубнон аст, гузар карда, мушхорро поймол намудааст.

19 Мегӯӣ: „Инак, Адӯмро шикаст додам“, ва дилат мағрур шудааст, ва ту бо худ меболӣ. Алҳол дар хонаи худ бинишин. Чаро ту бадбахтиро иғво медиҳӣ, то ки худат фурӯ ғалтӣ, ва ҳамчунин Яҳудо ҳамроҳи ту?»

20 Вале Амасьё гӯш надод, зеро ки ин аз ҷониби Худо буд, то ки онҳоро ба дасти душман бисупорад, чунки худоёни Адӯмро ҷӯё шуда буданд.

21 Ва Юош, подшоҳи Исроил, баромад, ва ӯ ва Амасьё, подшоҳи Яҳудо, дар Байт‐Шемеш, ки дар Яҳудост, рӯ ба рӯ шуданд.

22 Ва аҳли Яҳудо пеши Исроил мағлуб гардида, ҳар яке ба хаймаҳои худ гурехта рафтанд.

23 Ва Юош, подшоҳи Исроил, Амасьё ибни Еҳӯош ибни Еҳӯоҳоз, подшоҳи Яҳудоро дар Байт‐Шемеш дастгир намуд, ва ӯро ба Ерусалим овард, ва ҳисори Ерусалимро аз дарвозаи Эфроим то дарвозаи кунҷакӣ, ба андозаи чорсад зироъ хароб кард;

24 Ва тамоми тилло ва нуқра, ва тамоми колоеро, ки дар хонаи Худо назди Убайд‐Адӯм ёфт шуд, ва хазоини хонаи подшоҳ, ва гаравгононро гирифта, ба Сомария баргашт.

25 Ва Амасьё ибни Еҳӯош, подшоҳи Яҳудо, баъд аз фавти Юош ибни Еҳӯоҳоз, подшоҳи Исроил, понздаҳ сол зиндагӣ кард.

Фавти Амасьё.

26 Ва бақияи аъмоли Амасьё, аз аввал то охир, дар китоби подшоҳони Яҳудо ва Исроил навишта шудааст.

27 Ва аз замоне ки Амасьё аз пайравии Худованд дур шуд, дар Ерусалим ба муқобили ӯ суиқасд карданд, ва ӯ ба Локиш гурехт; ва аз ақиби ӯ ба Локиш фиристоданд, ва ӯро дар он ҷо куштанд.

28 Ва ӯро бар аспҳо бардошта оварданд, ва ӯро бо падаронаш дар шаҳри Довуд дафн карданд.

26

БОБИ БИСТУ ШАШУМ

Подшоҳ шудани Узиё ва муваффақиятҳои ҳарбии ӯ.

1 Ва тамоми қавми Яҳудо Узиёро, ки шонздаҳсола буд, гирифта, ба ҷои падараш Амасьё ӯро подшоҳ карданд.

2 Баъд аз он ки подшоҳ Амасьё бо падаронаш хобид, Узиё Эйлатро бино кард, ва онро ба Яҳудо баргардонид.

3 Узиё дар вақти подшоҳ шуданаш шонздаҳсола буд, ва панҷоҳу ду сол дар Ерусалим подшоҳӣ кард; ва номи модараш Екольё, аз Ерусалим, буд.

4 Ва он чи дар назари Худованд мақбул буд, ба амал овард, мувофиқи ҳар он чи падараш Амасьё ба амал оварда буд.

5 Ва дар айёми Закарьё, ки рӯъёҳои Худоро фаҳм менамуд, ӯ Худоро ҷӯё буд, ва дар рӯзҳое ки Худовандро ҷӯё буд, Худо ӯро комьёб мегардонид.

6 Ва ӯ берун омада, бо фалиштиён ҷанг кард, ва ҳисори Ҷат ва ҳисори Ебне ва ҳисори Ашдӯдро хароб кард, ва дар ҳудуди Ашдӯд ва фалиштиён шаҳрҳо сохт.

7 Ва Худо ба ӯ ба муқобили фалиштиён ва ба муқобили арабҳое ки дар Гур‐Боал сукунат доштанд, ва ба муқобили маӯниён мадад расонид.

8 Ва аммӯниён ба Узиё хироҷ медоданд, ва номи ӯ то худуди Миср шӯҳрат ёфт, зеро ки ӯ ниҳоятдараҷа пурзӯр гардида буд.

9 Ва Узиё бурҷҳо дар Ерусалим, бар дарвозаи кунҷакӣ ва бар дарвозаи Дара ва бар гӯшаи ҳисор бино кард, ва онҳоро мустаҳкам намуд.

10 Ва бурҷҳо дар биёбон бино кард, ва чоҳҳои бисьёр канд, зеро ки чорвои зиёде дар пастӣ ва дар даштрӯя, ва зореон ва боғбонон дар кӯҳистон ва боғистон дошт, чунки зироатро дӯст медошт.

11 Ва Узиё лашкаре барои амалиёти ҳарбӣ дошт, ки фавҷ‐фавҷ ба майдони корзор мебаромаданд, бар тибқи рӯйхати саршуморашон, ки он ба воситаи Яиили котиб ва Маасиёи нозир бо сардории Ҳананьёҳу, ки яке аз сарварони подшоҳ буд, тартиб дода шуда буд.

12 Шумораи умумии сардорони хонаводаҳо, ки мардони ҷангӣ буданд, ду ҳазору шашсад нафар буд.

13 Ва зери дасташон сесаду ҳафт ҳазору панҷсад нафар ҷанговарон буданд, ки бо мардонагӣ ҷангида, ба подшоҳ бар зидди душман мадад мерасониданд.

14 Ва Узиё барои онҳо, яъне барои тамоми лашкар, сипарҳо ва найзаҳо ва хӯдҳо ва ҷавшанҳо ва камонҳо ва сангҳои фалохмон тайёр кард.

15 Ва дар Ерусалим манҷаниқҳое ки амали устоёни моҳир буд, сохт, то ки онҳо бар бурҷҳо ва гӯшаҳои ҳисор барои андохтани тирҳо ва сангҳои калон гузошта шавад. Ва номи ӯ то ҷойҳои дурдаст шӯҳрат ёфт, зеро ки ӯ барои комьёбии худ чизҳои аҷоиб сохта, бағоят қавӣ гардид.

Маъсияти Узиё ва ҷазо диданаш.

16 Ва ҳангоме ки ӯ қавӣ шуд, дилаш то ба дараҷаи бадкирдорӣ мутакаббир гардида, ба Худованд Худои худ хиёнат қард, ва ба маъбади Худованд даромад, то ки бухур бар қурбонгоҳи бухур бисӯзонад.

17 Ва аз паи ӯ Азарьёҳуи коҳин даромад, ва коҳинони Худованд, ҳаштод марди далер ҳамроҳи ӯ буданд.

18 Ва онҳо дар гирди подшоҳ Узиё истода, ба ӯ гуфтанд: «Туро, эй Узиё, раво нест, ки барои Худованд бухур бисӯзонӣ, балки ин кори коҳинони банӣ‐Ҳорун аст, ки барои сӯзонидани бухур тақдис шудаанд; аз қудс берун рав, зеро ки ту хиёнат кардаӣ, ва ин барои ту сабаби шаъну шараф аз ҷониби Худованд Худо нахоҳад буд».

19 Ва Узиё дарғазаб шуд, дар ҳолате ки маҷмари бухурсӯзонӣ дар дасташ буд, ва ҳамин ки ғазабаш бар коҳинон аланга зад, пеши коҳинон дар хонаи Худованд, назди қурбонгоҳи бухур, махав бар пешонии ӯ пайдо шуд.

20 Ва Азарьёҳуи саркоҳин ва ҳамаи коҳинон ба ӯ назар андохтанд, ва инак, махав бар пешонии ӯ буд, ва бошитоб ӯро аз он ҷо бароварданд, ва худаш низ ба баромадан шитофт, зеро ки Худованд ӯро ба бало гирифтор карда буд.

21 Ва подшоҳ Узиё то рӯзи фавти худ махавӣ буд ва дар махавхона сукунат дошт, зеро ки аз хонаи Худованд рад карда шуда буд. Ва писараш Ютом сардори хонаи подшоҳ буда, қавми мамлакатро доварӣ менамуд.

Фавти Узиё; дар Яҳудо подшоҳ шудани Ютом.

22 Ва бақияи аъмоли Узиёро, аз аввал то оҳир, набӣ Ишаъё ибни Омӯс навиштааст.

23 Ва Узиё бо падарони худ хобид, ва ӯро бо падаронаш дар майдони мақбараи подшоҳон дафн карданд, зеро ки гуфтанд: «Ӯ махавист». Ва писараш Ютом ба ҷои ӯ подшоҳ шуд.

27

БОБИ БИСТУ ҲАФТУМ

Подшоҳии Ютом ва фавти ӯ.

1 Дар вақти подшоҳ шуданаш Ютом бисту панҷсола буд, ва шонздаҳ сол дар Ерусалим подшоҳӣ кард; ва номи модараш Ерушо бинти Содӯқ буд.

2 Ва он чи дар назари Худованд мақбул буд, ба амал овард, мувофиқи ҳар он чи падараш Узиё ба амал оварда буд, аммо ба маъбади Худованд дохил нашуд, вале қавм ҳанӯз гуноҳ мекарданд.

3 Ва ӯ дарвозаи болои хонаи Худовандро бино кард, ва назди ҳисори бурҷи Ӯфал иморати бисьёре сохт.

4 Ва бар кӯҳистони Яҳудо шаҳрҳо бино кард, ва дар ҷангалистон қалъаҳо ва бурҷҳо сохт.

5 Ва ӯ бо подшоҳи банӣ‐Аммӯн ҷанг карда, бар онҳо дастболо шуд, ва дар он сол банӣ‐Аммӯн ба ӯ сад киккар нуқра ва даҳ ҳазор кӯр гандум, ва даҳ ҳазор кӯр ҷав доданд. Ва дар соли дуюм ва соли сеюм банӣ‐Аммӯн ҳамин чизҳоро ба ӯ доданд.

6 Ва Ютом пурзӯр гардид, зеро ки роҳҳои худро пеши Худованд Худои худ дуруст гардонида буд.

7 Ва бақияи аъмоли Ютом, ва ҳамаи ҷангҳояш ва рафтораш дар китоби подшоҳони Исроил ва Яҳудо навишта шудааст.

8 Дар вақти подшоҳ шуданаш ӯ бисту панҷсола буд, ва шонздаҳ сол дар Ерусалим подшоҳӣ кард.

9 Ва Ютом бо падарони худ хобид, ва ӯро дар шаҳри Довуд дафн карданд, ва писараш Оҳоз ба ҷои ӯ подшоҳ шуд.

28

БОБИ БИСТУ ҲАШТУМ

Подшоҳии Оҳоз.

1 Дар вақти подшоҳ шуданаш Оҳоз бистсола буд, ва шонздаҳ сол дар Ерусалим подшоҳӣ кард; вале он чи дар назари Худованд мақбул буд, мисли падараш Довуд ба амал наовард,

2 Балки бо роҳҳои подшоҳони Исроил рафтор намуд; ва ҳатто ҳайкалҳои рехта барои Баалҳо сохт;

3 Ва ӯ дар дараи Бен‐Ҳиннӯм бухур сӯзонид, ва писарони худро аз оташ гузаронид, мувофиқи одатҳои зишти халқҳое ки Худованд онҳоро аз пеши банӣ‐Исроил бадар ронда буд;

4 Ва бар баландиҳо ва талҳо ва зери ҳар дарахти сабз қурбонӣ мекард ва бухур месӯзонид.

Ҷанги бемуваффақияти Оҳоз бо Фақаҳ.

5 Ва Худованд Худояш ӯро ба дасти подшоҳи Арам супурд; ва онҳо ӯро зарба заданд, ва асирони зиёдеро аз ӯ гирифта, ба Димишқ бурданд. Ва ӯ ба дасти подшоҳи Исроил низ супурда шуд, ва вай ба ӯ зарбаи бузурге расонид.

6 Ва Фақаҳ ибни Рамальёҳу дар Яҳудо саду бист ҳазор нафарро, ки ҳамаашон мардони ҷангӣ буданд, дар як рӯз кушт, чунки онҳо Худованд Худои падарони худро тарк карда буданд.

7 Ва Зикрӣ, ки паҳлавони Эфроим буд, Маасиёҳу писари подшоҳ ва Азриқом раиси хона ва Элқоноро, ки шахси дуюм баъд аз подшоҳ буд, кушт.

8 Ва банӣ‐Исроил аз бародарони худ дусад ҳазор занон, писарон ва духтаронро ба асирӣ гирифтанд, ва низ ғанимати зиёде аз онҳо тороҷ карданд, ва он ғаниматро ба Сомария оварданд.

9 Ва дар он ҷо набии Худованд буд, ки Ӯдид ном дошт; ва ӯ ба истиқболи лашкаре ки ба Сомария меомаданд, баромада, ба онҳо гуфт: «Инак, чун Худованд Худои падаронатон бар Яҳудо дарғазаб шуд, онҳоро ба дасти шумо супурд, ва шумо онҳоро бо хашме ки шиддаташ ба осмон расидааст, куштед.

10 Ва алҳол шумо мехоҳед, ки писарони Яҳудо ва Ерусалимро ба ғуломон ва канизони худ табдил диҳед? Бо ин, охир, шумо худро пеши Худованд Худои худ гуноҳкор месозед!

11 Ва алҳол ба ман гӯш дода, асиронеро, ки аз бародарони худ гирифтаед, баргардонед, зеро ки оташи ғазаби Худованд бар шумост».

12 Ва баъзе касон аз сардорони банӣ‐Эфроим, чунончи: Азарьёҳу ибни Еҳӯҳонон, ва Барахьёҳу ибни Машиллимӯт, ва Еҳизқиёҳу ибни Шаллум, ва Амосо ибни Ҳадлой ба истиқболи лашкариёне ки аз ҷанг бармегаштанд, бархоста,

13 Ба онҳо гуфтанд: «Асиронро ба ин ҷо набиёред, зеро ки ин амал бар мо гуноҳе пеши Худованд хоҳад шуд, ва шумо мехоҳед гуноҳҳо ва маъсиятҳои моро афзун гардонед, чунки гуноҳи мо азим аст, ва оташи ғазаб бар Исроил хоҳад буд».

14 Ва фавҷи пешоҳанг асирон ва ғаниматро пеши сарварон ва тамоми ҷамоат вогузоштанд.

15 Ва мардоне ки номашон зикр ёфт, бархоста, асиронро дастгирӣ карданд, ва ҳамаи бараҳнагони онҳоро аз ғанимат пӯшониданд, — яъне онҳоро сару либос ва пойафзол пӯшониданд, ва хӯрониданд, ва нӯшониданд, ва равған молиданд, ва ҳамаи камқувватонро ба харҳо савор карда, ба Ериҳӯ, ки шаҳри нахлҳост, назди бародаронашон бурданд, ва худашон ба Сомария баргаштанд.

Адӯмиён ва фалиштиён ба Яҳудо ҳуҷум мекунанд.

16 Дар он замон подшоҳ Оҳоз назди подшоҳони Ашшур фиристод, то ки ба ӯ мадад расонанд.

17 Ва боз адӯмиён омада, Яҳудоро зарба заданд, ва ба асирӣ гирифтанд.

18 Ва фалиштиён ба шаҳрҳои пастӣ ва ҷануби Яҳудо зада даромада, Байт‐Шемеш, ва Аёлӯн, ва Ҷадирӯт, ва Сӯкӯро бо деҳоташ, ва Тимноро бо деҳоташ, ва Ҷимзӯро бо деҳоташ забт карданд, ва дар он ҷо сокин шуданд.

19 Зеро ки Худованд Яҳудоро аз боиси Оҳоз, подшоҳи Исроил, поймол гардонид, чунки ӯ Яҳудоро ба фисқу фуҷур гирифтор кард ва ба Худованд бисьёр хиёнат намуд.

20 Ва Тиҷлат Филосар, подшоҳи Ашшур, назди ӯ омад, валекин ӯро ба танг овард ва мададе ба ӯ нарасонид.

21 Агарчи Оҳоз ганҷҳои хонаи Худованд, ва хонаи подшоҳ ва сарваронро гирифта ба подшоҳи Ашшур дод, вай ба ӯ мадад накард.

22 Ва бо вуҷуди тангии аҳволи худ, ӯ, подшоҳ Оҳоз, ба Худованд хиёнат кардан гирифт.

23 Ва барои худоёни Димишқ, ки ӯро зарба зада буданд, қурбониҳо тақдим намуда, гуфт: «Азбаски худоёни подшоҳони Арам ба онҳо мадад мерасонанд, бинобар ин ман ҳам барои онҳо қурбонӣ мекунам, ва онҳо ба ман мадад хоҳанд кард». Валекин онҳо боиси мағлубияти ӯ ва тамоми Исроил гардиданд.

24 Ва Оҳоз колои хонаи Худоро ҷамъ кард, ва колои хонаи Худоро пора‐пора кард, ва дарҳои хонаи Худовандро баст, ва дар ҳар гӯшаи Ерусалим қурбонгоҳҳо барои худ сохт.

25 Ва дар ҳамаи шаҳрҳои Яҳудо баландиҳо сохт, то ки барои худоёни бегона бухур сӯзонад, ва бо ин рафтораш Худованд Худои падарони худро хашмгин кард.

Фавти Оҳоз, бар тахт нишастани Ҳизқиё.

26 Ва бақияи аъмоли ӯ, ва ҳамаи роҳҳои ӯ, аз аввал то охир, дар китоби подшоҳони Яҳудо ва Исроил навишта шудааст.

27 Ва Оҳоз бо падарони худ хобид, ва ӯро дар шаҳр, дар Ерусалим дафн карданд, валекин ӯро ба мақбараи подшоҳони Исроил наоварданд; ва писараш Ҳизқиё ба ҷои ӯ подшоҳ шуд.

29

БОБИ БИСТУ НӮҲУМ

Ҳизқиё дар Яҳудо подшоҳӣ мекунад ва худопарастиро аз нав барқарор менамояд.

1 Ҳизқиё дар синни бисту панҷсолагӣ подшоҳ шуд, ва бисту нӯҳ сол дар Ерусалим подшоҳӣ кард. Ва номи модараш Абиё бинти Закарьё буд.

2 Ва он чи дар назари Худованд мақбул буд, ба амал овард, мувофиқи ҳар он чи падараш Довуд ба амал оварда буд.

3 Дар соли аввали подшоҳии худ, дар моҳи якум, ӯ дарҳои хонаи Худовандро воз кард ва онҳоро таъмир намуд.

4 Ва коҳинон ва левизодагонро оваронид, ва онҳоро дар майдони шарқӣ ҷамъ кард.

5 Ва ба онҳо гуфт: «Маро бишнавед, эй левизодагон! Алҳол худро тақдис намоед, ва хонаи Худованд Худои падарони худро тақдис намуда, наҷосатро аз қудс берун оваред.

6 Зеро ки падарони мо хиёнат карданд, ва он чи дар назари Худованд бад буд, ба амал оварданд, ва Ӯро тарк карданд, ва рӯи худро аз маскани Худованд гардониданд, ва пушти худро нишон доданд;

7 Ҳамчунин дарҳои равоқро бастанд, ва чароғҳоро куштанд, ва бухур насӯзониданд, ва қурбониҳои сӯхтанӣ дар қудси Худои Исроил тақдим накарданд.

8 Ва ғазаби Худованд бар Яҳудо ва Ерусалим аланга зад, ва ӯ онҳоро гирифтори даҳшат, харобӣ ва мадҳушӣ гардонид, чунон ки шумо бо чашмони худ мебинед.

9 Ва инак, падарони мо ба дами шамшер фурӯ ғалтиданд, ва писарону духтарону занони мо аз ин сабаб ба асирӣ рафтанд.

10 Алҳол дилхоҳи ман ин аст, ки бо Худованд Худои Исроил аҳд бандем, то ки оташи ғазаби Ӯ аз мо баргардад.

11 Эй фарзандонам, алҳол бепарвоӣ накунед, зеро ки Худованд шуморо баргузидааст, то ки ба ҳузури Ӯ истода, хизмати Ӯро ба ҷо оваред, ва барои Ӯ хизматгузорон ва сӯзонандагони бухур бошед».

12 Ва левизодагон бархостанд: Маҳат ибни Амосай ва Юил ибни Азарьёҳу аз банӣ‐қаҳотиён, ва аз банӣ‐марориён — Қиш ибни Абдӣ ва Азарьёҳу ибни Еҳалалъил; ва аз ҷершӯниён — Юоҳ ибни Зиммо ва Идан ибни Юоҳ;

13 Ва аз банӣ‐Элисофон — Шимрӣ ва Яиил; ва аз банӣ‐Ософ — Закарьёҳу ва Маттаньёҳу;

14 Ва аз банӣ‐Ҳеймон — Яҳиил ва Шимъӣ; ва аз банӣ‐Едутун — Шамаъё ва Узиил.

15 Ва онҳо бародарони худро ҷамъ карда, тақдис намуданд, ва бар тибқи фармони подшоҳ, ки мувофиқи каломи Худованд буд, барои татҳири хонаи Худованд омаданд.

16 Ва коҳинон андаруни хонаи Худованд дохил шуданд, то ки онро татҳир намоянд, ва тамоми наҷосатро, ки дар маъбади Худованд ёфтанд, ба саҳни хонаи Худованд бароварданд, ва левизодагон онро гирифта, ба ҷониби водии Қидрӯн бурданд.

17 Ва дар рӯзи якуми моҳи якум ба тақдис кардан шурӯъ намуда, дар рӯзи ҳаштуми моҳ ба равоқи Худованд даромаданд, ва ҳашт рӯз хонаи Худовандро тақдис карданд, ва дар рӯзи шонздаҳуми моҳи якум ба анҷом расониданд.

18 Ва андаруни қаср назди подшоҳ Ҳизқиё омада, гуфтанд: «Тамоми хонаи Худовандро: қурбонгоҳи қурбониҳои сӯхтаниро бо тамоми колои он, ва мизи нони тақдимро бо тамоми колои он татҳир намудем;

19 Ва тамоми колоеро, ки подшоҳ Оҳоз дар вақти подшоҳии худ, дар натиҷаи хиёнати худ, поймол карда буд, тайёр карда, тақдис намудем, ва инак онҳо назди қурбонгоҳи Худованд аст».

Дар маъбад аз нав ибодати Худо ба амал меояд.

20 Ва подшоҳ Ҳизқиё бомдодон бармаҳал бархост, ва сарварони шаҳрро ҷамъ карда, ба хонаи Худованд баромад.

21 Ва онҳо ҳафт гов, ва ҳафт қӯчқор, ва ҳафт барра, ва ҳафт нарбуз оварданд, то ки барои салтанат ва барои қудс ва барои Яҳудо қурбонии гуноҳҳо бишавад; ва ӯ ба банӣ‐Ҳорун амр фармуд, ки онҳоро ҳамчун қурбонии сӯхтанӣ бар қурбонгоҳи Худованд тақдим кунанд.

22 Ва говонро куштанд, ва коҳинон хунро гирифта, бар қурбонгоҳ пошиданд; ва қӯчқоронро кушта, хунро бар қурбонгоҳ пошиданд; ва баррагонро кушта, хунро бар қурбонгоҳ пошиданд.

23 Ва нарбузҳои каффораи гуноҳро ба ҳузури подшоҳ ва ҷамоат оварданд, ва дастҳои худро бар онҳо гузоштанд,

24 Ва коҳинон онҳоро куштанд, ва хуни онҳоро барои каффораи гуноҳҳо бар қурбонгоҳ пошиданд, то ки бар тамоми Исроил каффора шавад; зеро подшоҳ фармуда буд, ки қурбонии сӯхтанӣ ва қурбонии гуноҳҳо барои тамоми Исроил тақдим карда шавад.

25 Ва ӯ левизодагонро бо санҷҳо, барбатҳо ва удҳо мувофиқи амри Довуд ва Ҷоди ғайбгӯи подшоҳ ва Нотони набӣ дар хонаи Худованд гузошт, зеро ки ин амр аз ҷониби Худованд ба воситаи анбиёи Ӯ фармуда шуда буд.

26 Ва левизодагон бо асбоби Довуд, ва коҳинон бо карнайҳо истоданд.

27 Ва Ҳизқиё амр фармуд, ки қурбонии сӯхтаниро бар қурбонгоҳ тақдим намоянд, ва ҳангоме ки ба тақдим кардани қурбонии сӯхтанӣ шурӯъ намуданд, сурудхонӣ барои Худованд ва навохтани карнайҳо ва асбоби Довуд, подшоҳи Исроил, оғоз ёфт.

28 Ва тамоми ҷамоат саҷда мекарданд, ва муғанниён месуруданд, ва карнайҳоро менавохтанд; ҳамаи ин то вақти анҷом ёфтани қурбонии сӯхтанӣ давом кард.

29 Ва ҳамин ки қурбонии сӯхтанӣ анҷом ёфт, подшоҳ ва ҳамаи онҳое ки бо ӯ буданд, зону зада, саҷда карданд.

30 Ва подшоҳ Ҳизқиё ва сарварон ба левизодагон амр фармуданд, ки Худовандро бо суханони Довуд ва Ософи ғайбгӯй мадҳ кунанд; ва онҳо ба ваҷд омада, мадҳ карданд, ва зону зада, саҷда бурданд.

31 Ва Ҳизқиё ҷавоб гардонида, гуфт: «Алҳол вазифаи худро ба ҷо овардед, пас наздик омада, забҳҳо ва қурбониҳои шукронаро барои хонаи Худованд биёред». Ва ҷамоат забҳҳо ва қурбониҳои шукрона оварданд, ва ҳар каси валинеъмат қурбонии сӯхтанӣ овард.

32 Ва шумораи қурбонии сӯхтание ки ҷамоат оварданд, ҳафтод гов, сад қӯчқор ва дусад барра буд; ҳамаи инҳо қурбонии сӯхтанӣ барои Худованд буд.

33 Ва дигар қурбониҳои муқаддас — шашсад гов ва се ҳазор гӯсфанд буд.

34 Аммо коҳинон кам буданд, ва ба пӯст кандани ҳамаи қурбониҳои сӯхтанӣ қувваташон намерасид; ва бародаронашон левизодагон ба онҳо мадад расониданд, то даме ки кор анҷом ёфт ва то даме ки коҳинон худро тақдис карданд; зеро ки левизодагон дар тақдис кардани худ, назар ба коҳинон, бештар ростдил буданд.

35 Ва низ қурбониҳои сӯхтанӣ бо чарбуи қурбониҳои саломатӣ ва бо ҳадияҳои рехтанӣ барои қурбониҳои сӯхтанӣ бисьёр буд; ва хизмати хонаи Худованд дуруст ба ҷо оварда шуд.

36 Ва Ҳизқиё ва тамоми қавм шодӣ карданд, ки Худо қавмро омода гардонида буд, зеро ки ин ба таври ғайричашмдошт ба амал омад.

30

БОБИ СИЮМ

Тайёрӣ ба иди фисҳ.

1 Ва Ҳизқиё ба тамоми Исроил ва Яҳудо фиристод, ва низ номаҳо ба Эфроим ва Менашше навишт, то ки ба хонаи Худованд ба Ерусалим биёянд, ва фисҳро барои Худованд Худои Исроил ба ҷо оваранд.

2 Ва подшоҳ, ва сарваронаш, ва тамоми ҷамоат дар Ерусалим машварат намуда, қарор доданд, ки фисҳро дар моҳи дуюм ба ҷо оваранд;

3 Зеро ки натавонистанд онро дар вақташ ба ҷо оваранд, чунки коҳинон ба миқдори зарурӣ тақдис наёфта ва қавм дар Ерусалим ҷамъ нашуда буданд.

4 Ва ин дар назари подшоҳ ва дар назари тамоми ҷамоат писанд омад,

5 Ва қарор доданд, ки дар тамоми Исроил, аз Беэр‐Шобаъ то Дон, ҷор зананд, ки омада, фисҳро барои Худованд Худои Исроил дар Ерусалим ба ҷо оваранд; зеро муддати зиёдест, ки онро ба тавре ки навишта шудааст, ба ҷо наовардаанд.

6 Ва шотирон бо номаҳои подшоҳ ва сарваронаш ба тамоми Исроил ва Яҳудо рафта, бар тибқи амри подшоҳ гуфтанд: «Эй банӣ‐Исроил! Сӯи Худованд Худои Иброҳим, Исҳоқ ва Исроил руҷӯъ намоед, ва Ӯ сӯи растагороне ки аз дасти подшоҳони Ашшур дар миёни шумо боқӣ мондаанд, руҷӯъ хоҳад кард;

7 Ва мисли падарон ва бародарони худ набошед, ки онҳо ба Худованд Худои падарони худ хиёнат карданд, ва Ӯ онҳоро гирифтори харобӣ гардонид, чунон ки шумо мебинед;

8 Алҳол мисли падарони худ гарданкашӣ накунед, дасти байат ба Худованд диҳед, ба қудси Ӯ, ки онро то абад тақдис намудааст, омада, Худованд Худои худро ибодат кунед, ва Ӯ оташи ғазаби Худро аз шумо хоҳад баргардонид.

9 Зеро вақте ки шумо сӯи Худованд руҷӯъ намоед, бародарон ва писарони шумо аз ҷониби асиркунандагони худ марҳамат хоҳанд дид, ва ба ин замин хоҳанд баргашт, зеро ки Худованд Худои шумо карим ва раҳим аст, ва агар сӯи Ӯ ручӯъ намоед, Ӯ аз шумо рӯй нахоҳад гардонид».

10 Ва шотирон дар замини Эфроим ва Менашше то ҳудуди Забулун шаҳр ба шаҳр мегузаштанд, валекин бар онҳо механдиданд ва онҳоро истеҳзо мекарданд.

11 Фақат баъзе касон аз Ошер ва Менашше ва Забулун гардан фуроварда, ба Ерусалим омаданд.

12 Дар Яхудо низ яди Худо буд, ки ба онҳо якдилӣ ато намуд, то ки ҳукми подшоҳ ва сарваронро бар тибқи каломи Худованд ба ҷо оваранд.

13 Ва қавми зиёде дар Ерусалим ҷамъ шуданд, то ки иди фисҳро дар моҳи дуюм ба ҷо оваранд, — ҷамоати бағоят сершумор буданд.

14 Ва бархоста, қурбонгоҳҳоеро, ки дар Ерусалим буд, вайрон карданд, ва ҳамаи қурбонгоҳҳои бухурро вайрон карда, андаруни наҳри Қидрӯн партофтанд.

Ба таври ҷиддӣ риоя кардани иди фисҳ ва рӯзҳои дигар.

15 Ва дар рӯзи чордаҳуми моҳи дуюм барраи фисҳро забҳ карданд; ва коҳинон ва левизодагон хиҷолат кашида, худро тақдис намуданд, ва қурбониҳои сӯхтанӣ ба хонаи Худованд оварданд.

16 Ва дар ҷойҳои худ, мувофиқи дастуруламали худ, бар тибқи Тавроти Мусо, марди Худо, истоданд; коҳинон хунро аз дасти левизодагон гирифта, мепошиданд.

17 Азбаски бисьёре аз ҷамоат худро тақдис накарда буданд, левизодагон мутассадӣ шуданд, ки барои ҳар касе ки татҳир наёфтааст, барраи фисҳро забҳ карда, варо барои Худованд тақдис намоянд.

18 Зеро ки аксари қавм, бисьёре аз Эфроим ва Менашше, Иссокор ва Забулун татҳир наёфта буданд, ва фисҳро на бар тибқи он чи навишта шудааст, хӯрданд, зеро ки Ҳизқиё дар ҳаққи онҳо дуо хонда, гуфт:

19 «Худованди пурэҳсон ҳар касро, ки дилаш моил шудааст, ки Худоро, яъне Худованд Худои падаронашро ҷӯё шавад, хоҳад омурзид, агарчи вай ба татҳири муқаддас мувофиқ набошад».

20 Ва Худованд дуои Ҳизқиёро иҷобат намуда, қавмро омурзид.

21 Ва банӣ‐Исроил, ки дар Ерусалим буданд, иди фатирро ҳафт рӯз бо шодмонии азим ба ҷо оварданд, ва левизодагон ва коҳинон, бо асбоби ҳамду санои Худованд, ҳар рӯз Худовандро мадҳ мекарданд.

22 Ва Ҳизқиё ба ҳамаи левизодагоне ки аз хизмати Худованд фаҳми некӯ доштанд, суханони дилҷӯй гуфт; ва ҳафт рӯз хӯроки идона хӯрданд, қурбониҳои саломатӣ забҳ карданд, ва Худованд Худои падарони худро ҳамду сано гуфтанд.

23 Ва тамоми ҷамоат машварат намуда, қарор доданд, ки ҳафт рӯзи дигар ид кунанд; ва ҳафт рӯз хурсандӣ карданд.

24 Зеро ки Ҳизқиё, подшоҳи Яҳудо, барои ҷамоат ҳазор сар гов ва ҳафт ҳазор сар гӯсфанд бахшиш кард, ва сарварон барои ҷамоат ҳазор сар гов ва даҳ ҳазор сар гӯсфанд бахшиданд; ва аксари коҳинон худро тақдис намуданд.

25 Ва тамоми ҷамоати Яҳудо, ва коҳинон ва левизодагон, ва тамоми ҷамоате ки аз Исроил омаданд, ва ғарибоне ки аз замини Исроил омаданд, ва онҳое ки дар Яҳудо сокин буданд, хурсандӣ карданд.

26 Ва шодмонии азиме дар Ерусалим ба амал омад, зеро ки аз айёми Сулаймон ибни Довуд, подшоҳи Исроил, мисли он дар Ерусалим ба амал наомада буд.

27 Ва коҳинон ва левизодагон бархоста, қавмро баракат доданд, ва овози онҳо мустаҷоб шуд, ва дуои онҳо ба маскани қудси Ӯ, ба осмон расид.

31

БОБИ СИЮ ЯКУМ

Несту нобуд кардани бутҳо, ва ислоҳоти дигари Ҳизқиё.

1 Ва баъд аз анҷом ёфтани ҳамаи ин, ҳамаи исроилиёне ки дар шаҳрҳои Яҳудо буданд, берун омада, сутунҳоро шикастанд, Ашераҳоро маҳв карданд, баландиҳо ва қурбонгоҳҳоро аз тамоми Яҳудо ва Биньёмин ва Эфроим ва Менашше то ба охир барҳам доданд; ва тамоми банӣ‐Исроил, ҳар кас ба мулки худ, ба шаҳрҳои худ баргаштанд.

2 Ва Ҳизқиё коҳинон ва левизодагонро бар навбатҳои онҳо гузошт, то ки ҳар яке аз коҳинон ва левизодагон, мувофиқи хизмати худ, барои қурбониҳои сӯхтанӣ, ва қурбониҳои саломатӣ, барои хизматгузорӣ, барои мадҳ кардан ва ҳамду сано гуфтан назди дарвозаҳои ӯрдугоҳи Худованд ҳозир бошанд.

3 Ва подшоҳ ҳиссае аз молу мулки худ барои қурбониҳои сӯхтанӣ ҷудо кард: барои қурбониҳои сӯхтании субҳ ва шом ва барои қурбониҳои сӯхтании шанбеҳо ва навмоҳҳо ва идҳо, чунон ки дар Тавроти Худованд навишта шудааст.

4 Ва ба қавме ки дар Ерусалим сокин буданд, амр фармуд, ки ҳиссае барои коҳинон ва левизодагон бидиҳанд, то ки ба Тавроти Худованд бо ҷидду ҷаҳд машғул бошанд.

5 Ва ҳангоме ки ин амр интишор ёфт, банӣ‐Исроил навбари гандум, шираи ангур ва равғани зайтун ва асал ва ҳар маҳсули саҳроро ба фаровонӣ доданд, ва аз ҳама чиз ушри зиёде оварданд.

6 Ва банӣ‐Исроил ва Яҳудо, ки дар шаҳрҳои Яҳудо сокин буданд, — онҳо низ ушри говон ва гӯсфандон ва ушри вақфҳоеро, ки барои Худованд Худои онҳо бахшида шуда буд, оварданд, ва тӯда‐тӯда карда ба миён гузоштанд.

7 Дар моҳи сеюм ба гузоштани тӯдаҳо шурӯъ намуда, дар моҳи ҳафтум анҷом доданд.

8 Ва Ҳизқиё ва сарварон омада, тӯдаҳоро диданд, ва Худованд ва қавми Ӯ Исроилро муборак хонданд.

9 Ва Ҳизқиё аз коҳинон ва левизодагон дар бораи он тӯдаҳо пурсид.

10 Ва Азарьёи саркоҳин, ки аз хонадони Содӯқ буд, ба ӯ ҷавоб гардонида, гуфт: «Аз он вақте ки ба овардани ионат барои хонаи Худованд шурӯъ карданд, мо хӯрдем ва сер шудем, ва миқдори зиёде боқӣ монд, зеро ки Худованд қавми Худро баракат додааст; ва он чи боқӣ мондааст, ҳамин микдори азим аст».

11 Ва Ҳизқиё амр фармуд, ки анборҳо дар хонаи Худованд барпо кунанд. Ва барпо карданд.

12 Ва ионат ва ушр ва вақфҳоро бекаму кост оварда монданд; ва Конаньёҳуи левизода бар онҳо раис буд, ва бародараш Шимъӣ — муовини ӯ.

13 Ва Яҳиил ва Азазьёҳу ва Ноҳат ва Асоил ва Яримӯт ва Юзобод ва Элиил ва Исмахьёҳу ва Маҳат ва Баноёҳу, мувофиқи фармони подшоҳ Ҳизқиё ва Азарьёҳу, раиси хонаи Худо, зери дасти Конаньёҳу ва бародараш Шимъӣ амалдор буданд.

14 Ва Қӯре ибни Йимнои левизода, ки дарбони дарвозаи шарқӣ буд, бар хайроти Худо муваккал шуд, то ки ионатҳои Худованд ва вақфҳои муқаддасро тақсим кунанд.

15 Ва зери дасти ӯ Идан ва Миньёмин ва Ешуо ва Шамаъёҳу ва Амарьёҳу ва Шаканьёҳу дар шаҳрҳои коҳинон буданд, то ки ба бародарони худ, хоҳ калон бошанд хоҳ хурд, бар ҳасби гурӯҳҳошон бекаму кост тақсим кунанд,

16 Илова бар онҳое ки аз синни сесола ва болотар дар рӯйхати мардҳо дохил буданд, яъне ҳамаи онҳое ки ба хонаи Худованд барои кори ҳаррӯза, барои хизмати худ, ба навбатдории худ, бар ҳасби гурӯҳҳои худ меомаданд,

17 Ки ба он рӯйхат коҳинон бар ҳасби хонаводаҳошон, ва левизодагон аз синни бистсола ва болотар, бар ҳасби навбатдориҳошон, бар ҳасби гурӯҳҳошон дохил буданд,

18 Ва ба он рӯйхат ҳамаи кӯдаконашон, занон ва писарон ва духтаронашон, яъне тамоми ҷамоати онҳо дохил буданд, зеро ки онҳо худро аз сидқи дил барои хизмати муқаддас такдис карда буданд.

19 Ва барои банӣ‐Ҳорун, яъне коҳиноне ки дар қитъаҳои ҳаволии шаҳрҳошон сокин буданд, дар ҳар шаҳр шахсон ном ба ном таъин шуданд, то ки ба ҳамаи мардони коҳинон ва ба ҳамаи левизодагоне ки дар рӯйхат дохиланд, ҳиссаҳо бидиҳанд.

20 Ва Ҳизқиё дар тамоми Яҳудо ҳамин тавр амал кард; ва он чи дар назари Худованд Худои ӯ некӯ ва мақбул ва амин буд, ба амал овард.

21 Ва ҳар амалеро, ки барои хизмати хонаи Худо, барои риояи Таврот ва аҳком, барои чустани Худои худ икдом намуд, ӯ бо тамоми дили худ иҷро кард ва муваффақият ёфт.

32

БОБИ СИЮ ДУЮМ

Тохтутози Санҳериб. Валангор шудани Яҳудо.

1 Баъд аз ин корҳои сидқу вафо, Санҳериб, подшоҳи Ашшур омада, ба Яҳудо дохил шуд, ва назди шаҳрҳои ҳисордор ӯрду зада, онҳоро барои худ мехост забт намояд.

2 Ва Ҳизқиё дид, ки Санҳериб омадааст, ва қасд дорад ба муқобили Ерусалим ҷанг кунад.

3 Ва ӯ бо сарварон ва паҳлавонони худ машварат намуда, қарор дод, ки оби чашмаҳои беруни шаҳрро банд кунад, ва онҳо ба ӯ мадад расониданд.

4 Ва қавми зиёде ҷамъ шуданд, ва ҳамаи чашмаҳо ва наҳреро, ки аз миёни кишвар ҷорӣ мешуд, банд карда, гуфтанд: «Ҷаро подшоҳони Ашшур омада, оби фаровон ёбанд?»

5 Ва ӯ қувват гирифт, ва тамоми ҳисори вайронаро таъмир намуда, онро то бурҷҳо баланд кард, ва ҳисори дигаре аз беруни он сохт, ва Миллӯро дар шаҳри Довуд мустаҳкам намуд, ва аслиҳа ва сипарҳои зиёде сохт.

6 Ва сипаҳдоронро бар қавм таъин намуд, ва онҳоро назди худ дар майдони дарвозаи шаҳр ҷамъ кард, ва чунин суханони дилҷӯй ба онҳо гуфт:

7 «Қавӣ ва далер бошед, аз подшоҳи Ашшур ва аз тамоми анбӯҳе ки бо ӯст, натарсед ва ҳаросон нашавед, зеро қуввате ки бо мост, аз қуввате ки бо ӯст, бештар аст.

8 Бо ӯ бозуи башар аст, вале бо мо Худованд Худои мост, ки Ӯ ба мо ёварӣ хоҳад намуд ва дар ҷангҳои мо хоҳад ҷангид». Ва қавм ба суханони Ҳизқиё, подшоҳи Яҳудо, эътимод карданд.

Санҳериб сокинони Ерусалимро метарсонад ва куфр мегӯяд.

9 Баъд аз ин, Санҳериб, подшоҳи Ашшур, навкарони худро ба Ерусалим фиристод, — дар сурате ки худаш дар Локиш буд, ва ҳамаи ҳукуматдоронаш бо ӯ буданд, — то ки ба Ҳизқиё, подшоҳи Яҳудо, ва ба тамоми аҳли Яҳудо, ки дар Ерусалим буданд, бигӯянд:

10 «Санҳериб, подшоҳи Ашшур, чунин мегӯяд: „Бар чӣ шумо таваккал мекунед, ки дар Ерусалим дар ҳолати муҳосира нишастаед?

11 Ҳизқиё, охир, шуморо иғво медиҳад, бо гуруснагӣ ва ташнагӣ мехоҳад шуморо ба ҳалокат расонад, ва мегӯяд: Худованд Худои мо моро аз дасти подшоҳи Ашшур раҳо хоҳад кард.

12 Ҳамин Ҳизқиё, охир, баландиҳо ва қурбонгоҳҳои Ӯро барҳам додааст, ва ба аҳли Яҳудо ва Ерусалим сухан ронда, гуфтааст: пеши як қурбонгоҳ сачда баред ва бар он бухур бисӯзонед.

13 Шумо, охир, медонед, ки ман ва падаронам ба ҳамаи қавмҳои кишварҳо чӣ кардаем. Оё худоёни халқҳои кишварҳо тавонистанд замини худро аз дасти ман раҳо кунанд?

14 Аз ҳамаи худоёни ин халқҳое ки падаронам маҳв намудаанд, кист, ки тавониста бошад қавми худро аз дасти ман раҳо кунад, то ки Худои шумо тавонад шуморо аз дасти ман раҳо кунад?

15 Ва алҳол, бигзор шуморо Ҳизқиё ба васваса наандозад, ва шуморо ин гуна иғво надиҳад, ва шумо ба суханони ӯ бовар накунед, зеро модоме ки ҳеҷ як худои ҳеҷ як халқ ва мамлакат натавонистааст қавми худро аз дасти ман ва аз дасти падаронам раҳо кунад, пас Худои шумо низ шуморо аз дасти ман раҳо нахоҳад кард“».

16 Ва боз навкарони вай бар зидди Худованд Худо, ва бар зидди бандаи ӯ Ҳизқиё сухан ронданд.

17 Ва номаҳо навишта, Худованд Худои Исроилро таҳқир намуд ва дар ҳаққи Ӯ сухан ронда, гуфт: «Чунон ки худоёни халқҳои кишварҳо қавми худро аз дасти ман раҳо накардаанд, ончунон Худои Ҳизқиё қавми Худро аз дасти ман раҳо нахоҳад кард».

18 Ва бо овози баланд ба забони яҳудӣ сӯи қавми Ерусалим, ки бар ҳисор буданд, фарьёд заданд, то ки онҳоро тарсонида ва ба ҳарос андохта, шаҳрро забт намоянд.

19 Ва дар ҳаққи Худои Ерусалим, мисли худоёни қавмҳои замин, ки маснӯи дасти одамизод мебошанд, сухан ронданд.

Баъд аз дуои Ҳизқиё Худованд лашкари Ашшурро зарба мезанад.

20 Ва подшоҳ Ҳизқиё ва набӣ Ишаъё ибни Омӯс дар ин бобат дуо гуфтанд, ва сӯи осмон фарьёд заданд.

21 Ва Худованд фариштае фиристод, ки вай ҳамаи мардони ҷангӣ ва раисон ва сарваронро дар ӯрдугоҳи подшоҳи Ашшур нобуд кард. Ва ӯ шарманда шуда, ба кишвари худ баргашт, ва ба хонаи худои худ даромад, ва онҳое ки аз камараш рӯида буданд, ӯро дар он ҷо бо шамшер куштанд.

22 Ва Худованд Ҳизқиё ва сокинони Ерусалимро аз дасти Санҳериб, подшоҳи Ашшур, ва аз дасти ҳама наҷот дод; ва онҳоро аз ҳар тараф нигаҳбонӣ намуд.

23 Ва бисьёр касон ба Ерусалим ҳадияҳо барои Худованд, ва инъомҳои гаронбаҳо барои Ҳизқиё, подшоҳи Яҳудо, меоварданд, ва ӯ баъд аз он дар назари ҳамаи халқҳо обрӯманд шуд.

Бемории Ҳизҳиё ва шифо ёфтани ӯ.

24 Дар он айём Ҳизқиё бемор шуда, наздик ба мурдан буд, ва сӯи Худованд дуо гуфт, ва Ӯ варо иҷобат намуда, аломате барояш дод.

25 Валекин Ҳизқиё мувофиқи марҳамате ки ба ӯ ато шуда буд, рафтор накард, зеро ки дили ӯ мағрур гардид, ва ғазабе бар ӯ ва бар Яҳудо ва Ерусалим аланга зад.

26 Ва азбаски Ҳизқиё бо сокинони Ерусалим аз ғурури дилаш тавба кард, бинобар ин ғазаби Худованд дар айёми Ҳизқиё бар онҳо фурӯ нарехт.

27 Ва Ҳизқиё сарват ва ҷалоли бағоят зиёде дошт, ва аз баҳри худ ганҷинаҳо барои нуқра ва тилло ва сангҳои гаронбаҳо ва атриёт ва сипарҳо ва ҳар гуна колои нафиса сохт,

28 Ва анборҳо барои маҳсулоти гандум ва шираи ангур ва равғани зайтун, ва охурҳо барои ҳар навъ чорпоён, ва қӯраҳо барои рамаҳо.

29 Ва аз баҳри худ шаҳрҳо сохт, ва паноҳгоҳҳо барои рамаҳои сершумори гӯсфандон ва говон, зеро ки Худо ба ӯ молу мулки бағоят зиёде ато намуд.

30 Ва ҳамин Ҳизқиё манбаи обҳои Ҷайҳуни болоро баста, онҳоро рост ба поён, ба тарафи ғарбии шаҳри Довуд равона кард. Ва Ҳизқиё дар ҳар амали худ муваффақият меёфт.

31 Ва ҳамчунин дар масъалаи элчиёни сарварони Бобил, ки назди ӯ фиристода шуда буданд, то аз аломате ки дар замин зоҳир шуда буд, пурсон кунанд, Худо ӯро тарк кард, то ки ӯро имтиҳон намуда, ҳар чиро, ки дар дилаш буд, бидонад.

32 Ва бақияи аъмоли Ҳизқиё, ва эҳсонҳояш дар рӯъёи набӣ Ишаъё ибни Омӯс ва дар китоби подшоҳони Яҳудо ва Исроил навишта шудааст.

33 Ва Ҳизқиё бо падарони худ хобид, ва ӯро дар пешгоҳи мақбараи банӣ‐Довуд дафн карданд, ва тамоми аҳли Яҳудо ва сокинони Ерусалим ӯро дар вақти фавташ иззату икром намуданд; ва писараш Менашше ба ҷои ӯ подшоҳ шуд.

33

БОБИ СИЮ СЕЮМ

Подшоҳии Менашше; маъсияти ӯ.

1 Дар вақти подшоҳ шуданаш Менашше дувоздаҳсола буд, ва панҷоҳу панҷ сол дар Ерусалим подшоҳӣ кард.

2 Ва он чи дар назари Худованд бад буд, ба амал овард, ба тақлиди корҳои зишти халқҳое ки Худованд онҳоро аз пеши банӣ‐Исроил бадар ронда буд.

3 Ва баландиҳоеро, ки падараш Ҳизқиё вайрон карда буд, аз нав бино намуд, ва қурбонгоҳҳо барои Баалҳо барпо кард, ва Ашераҳо сохт, ва ба тамоми лашкари осмон сачда мебурд, ва онҳоро ибодат мекард.

4 Ва қурбонгоҳҳо дар хонаи Худованд бино намуд, ки Худованд дар бораи он гуфта буд: «Дар Ерусалим исми Ман то абад хоҳад буд».

5 Ва қурбонгоҳҳо барои тамоми лашкари осмон дар ду саҳни хонаи Худованд бино намуд.

6 Ва ӯ писаронашро дар дараи Бен‐Ҳиннӯм аз оташ гузаронид; ва афсун намуда фол мекушод ва ҷоду мекард, ва бо ҷодугарон ва азоимхонон робита дошт; бисьёр чизҳоро, ки дар назари Худованд бад буд, ба амал меовард, то ки Ӯро ба хашм оварад.

7 Ва ҳайкали бутеро, ки сохта буд, дар хонаи Худо гузошт, ки Худо дар бораи он ба Довуд ва ба писараш Сулаймон гуфта буд: «Дар ин хона ва дар Ерусалим, ки онро аз ҳамаи сибтҳои Исроил баргузидаам, исми Худро то абад хоҳам гузошт,

8 Ва пои Исроилро аз замине ки барои падарони шумо таъин намудаам, дигар дур нахоҳам кард, ба шарте ки ҳар он чиро, ки Ман ба онҳо дар тамоми шариат ва фароиз ва аҳком ба воситаи Мусо амр фармудаам, ҳамеша нигоҳ дошта, ба ҷо оваранд».

9 Вале Менашше аҳли Яҳудо ва сокинони Ерусалимро то ба дараҷае гумроҳ сохт, ки аз халқҳое ки Худованд онҳоро аз пеши банӣ‐Исроил нест карда буд, бадтар рафтор карданд.

10 Ва Худованд ба Менашше ва қавми вай сухан ронд, валекин онҳо гӯш надоданд.

Ба асирӣ афтодани Менашше ва озод шудани ӯ.

11 Ва Худованд сарлашкарони подшоҳи Ашшурро бар онҳо овард, ва Менашшеро гирифта, маҳор ба бинияш заданд, ва ӯро бо занҷирҳои мис бастанд, ва ӯро ба Бобил бурданд.

12 Ва ӯ дар тангии худ рӯи Худованд Худои худро ҷӯё шуд, ва ба ҳузури Худои падарони худ бағоят гардан фуровард;

13 Ва сӯи Ӯ дуо гуфт, ва Ӯ истиғосаи варо шунида, иҷобат намуд, ва ба салтанати вай ба Ерусалим баргардонид, ва Менашше донист, ки Худованд Худост.

14 Ва баъд аз ин, ҳисори беруни шаҳри Довудро ба тарафи ғарбии Ҷайҳун, дар водӣ то даромадгоҳи Дарвозаи моҳиён бино кард, ва онро ба тарафи бурҷи Ӯфал гардонид, ва бағоят баланд сохт; ва сарварони ҳарбиро дар ҳамаи шаҳрҳои ҳисордор гузошт.

15 Ва худоёни бегона ва бутро аз хонаи Худованд дур кард, ва ҳамаи қурбонгоҳҳоеро, ки дар кӯҳи хонаи Худованд ва Ерусалим бино карда буд, бардошта, аз шаҳр берун партофт.

16 Ва қурбонгоҳи Худовандро аз нав бино кард, ва қурбониҳои саломатӣ ва шукрона бар он забҳ намуд; ва ба аҳли Яҳудо амр фармуд, ки Худованд Худои Исроилро ибодат намоянд.

17 Аммо қавм ҳанӯз дар баландиҳо қурбонӣ мекарданд, лекин ин барои Худованд Худои онҳо буд.

18 Ва бақияи аъмоли Менашше, ва дуое ки сӯи Худои худ гуфтааст, ва суханони ғайбгӯён, ки ба исми Худованд Худои Исроил ба ӯ гуфтаанд, — ҳамааш дар вақоеъномаи подшоҳони Исроил навишта шудааст.

19 Ва дуои ӯ, ва мустаҷоб шуданаш; ва тамоми гуноҳ ва хиёнаташ; ва ҷойҳое ки ӯ дар онҳо баландиҳо бино карда, Ашераҳо ва санамҳоро гузошта буд, пеш аз он ки гардан фуроварад, — ҳамааш дар навиштаҷоти Ҳӯзой тасвир ёфтааст.

Фавти Менашше ва подшоҳ шудани Омӯн.

20 Ва Менашше бо падарони худ хобид, ва ӯро дар хонаи ӯ дафн карданд; ва писараш Омӯн ба ҷои ӯ подшоҳ шуд.

21 Дар вақти подшоҳ шуданаш Омӯн бисту дусола буд, ва ду сол дар Ерусалим подшоҳӣ кард.

22 Ва он чи дар назари Худованд бад буд, ба амал овард, мисли он ки падараш Менашше ба амал оварда буд; ва барои ҳамаи бутҳое ки падараш Менашше сохта буд, Омӯн қурбонӣ мекард ва онҳоро ибодат менамуд.

23 Вале ӯ пеши Худованд гардан нафуровард, чунон ки падараш Менашше гардан фуроварда буд, балки ӯ, Омӯн, торафт бештар ба маъсият дода шуд.

Фавти Омӯн. Подшоҳ шудани Йӯшиёҳу.

24 Ва навкаронаш ба муқобили ӯ суиқасд карданд, ва ӯро дар хонаи ӯ куштанд.

25 Валекин қавми мамлакат ҳамаи онҳоеро, ки ба муқобили подшоҳ Омӯн суиқасд карда буданд, ба қатл расониданд; ва қавми мамлакат писараш Йӯшиёҳуро ба ҷои ӯ подшоҳ карданд.

34

БОБИ СИЮ ЧОРУМ

Подшоҳии Йӯшиёҳу; порсоии ӯ,

ва ислоҳоте ки ба амал овард.

1 Дар вақти подшоҳ шуданаш Йӯшиёҳу ҳаштсола буд, ва сию як сол дар Ерусалим подшоҳӣ кард.

2 Ва он чи дар назари Худованд мақбул буд, ба амал овард, ва бо роҳҳои падараш Довуд равона шуда, ба тарафи рост ё чап майл накард.

3 Ва дар соли ҳаштуми подшоҳии худ, вақте ки ҳанӯз навҷавон буд, ба ҷустани Худои падараш Довуд оғоз кард, ва дар соли дувоздаҳум ба тоза кардани Яҳудо ва Ерусалим аз баландиҳо ва Ашераҳо ва бутҳо ва санамҳо шурӯъ намуд.

4 Ва қурбонгоҳҳои Баалҳоро пеши ӯ валангор карданд; ва ҳайкалҳои офтобпарастиро, ки бар болои онҳо буд, шикаста афтонид; ва Ашераҳо, ва бутҳо ва санамҳоро дарҳам шикаст ва гард‐гард карда, бар рӯи қабрҳои онҳое ки барояшон қурбонӣ мекарданд, пошид.

5 Ва устухонҳои коҳинонро бар қурбонгоҳҳошон сӯзонид, ва Яҳудо ва Ерусалимро тоза кард.

6 Ва дар шаҳрҳои Менашше ва Эфроим ва Шимъӯн ва ҳатто Нафтолӣ, дар харобазори онҳо, гирдогирд,

7 Қурбонгоҳҳоро валангор намуд, ва Ашераҳо ва санамҳоро дарҳам шикаста, гард‐гард кард, ва ҳамаи ҳайкалҳои офтобпарастиро дар тамоми замини Исроил шикаста афтонид; ва ба Ерусалим баргашт.

Аз нав барқарор шудани ибодати Худо дар маъбад.

8 Ва дар соли ҳаждаҳуми подшоҳии худ, баъд аз он ки замин ва хонаро тоза кард, Шофон ибни Асальёҳу, ва Маасиёҳуи раиси шаҳр, ва Юоҳ ибни Юоҳози вақоеънависро фиристод, то ки хонаи Худованд Худои худро мустаҳкам намоянд.

9 Ва онҳо назди Ҳилқиёи саркоҳин омаданд, ва нуқраеро, ки ба Худо оварда шуда буд, ва левизодагони остонабон онро аз дасти Менашше ва Эфроим, ва аз тамоми бақияи Исроил, ва аз тамоми Яҳудо ва Биньёмин ҷамъ карда буданд, супурданд, ва ба Ерусалим баргаштанд.

10 Ва онро ба дасти саркороне ки дар хонаи Худованд таъин шуда буданд, супурданд; ва онҳо онро ба коргароне ки дар хонаи Худованд барои таъмир ва мустаҳкам намудани хона кор мекарданд, доданд.

11 Ва онро ба наҷҷорон ва бинокорон доданд, то ки сангҳои тарошида ва забарравҳо барои пайвастани деворҳо ва пӯшидани боми хонаҳое ки подшоҳони Яҳудо хароб карда буданд, бихаранд.

12 Ва он одамон аз рӯи виҷдон кор мекарданд, ва бар онҳо левизодагон Яҳат ва Убадьёҳу аз банӣ‐Марорӣ, ва Закарьё ва Машуллом аз банӣ‐қаҳотиён барои назорат кардан таъин шуда буданд; ва аз левизодагон ҳар касе ки навохтани асбоби мусиқӣ аз дасташон меомад.

13 Ва бар ҳаммолон низ гумошта шуда буданд, ва онҳо ба ҳамаи коргароне ки бо ҳар навъ корҳо шуғл доштанд, назорат мекарданд; ва аз левизодагон котибон ва нозирон ва дарбонон буданд.

Китоби Тавроти Мусо ёфт шуд.

14 Ва ҳангоме ки нуқраи ба хонаи Худованд дохилшударо берун меоварданд, Ҳилқиёи коҳин китоби Тавроти Худовандро, ки ба воситаи Мусо дода шуда буд, ёфт.

15 Ва Ҳилқиё ба Шофони котиб хитоб намуда, гуфт: «Китоби Тавротро дар хонаи Худованд ёфтаам». Ва Ҳилқиё он китобро ба Шофон дод.

16 Ва Шофон китобро назди подшоҳ овард, ва дар айни ҳол ба подшоҳ хабар дода, гуфт: «Ҳар коре ки ба бандагонат супурда шудааст, онҳо ба ҷо меоваранд;

17 Ва нуқраеро, ки дар хонаи Худованд буд, берун оварданд, ва онро ба дасти гумоштагон ва ба дасти саркорон супурданд».

18 Ва Шофони котиб ба подшоҳ хабар расонида, гуфт: «Ҳилқиёи коҳин китобе ба ман додааст». Ва Шофон онро ба ҳузури подшоҳ хонд.

19 Ва ҳангоме ки подшоҳ суханони Тавротро шунид, либоси худро чок зад.

20 Ва подшоҳ ба Ҳилқиё ва Аҳиқом ибни Шофон ва Абдун ибни Мико ва Шофони котиб ва Асоён навкари подшоҳ амр фармуда, гуфт:

21 «Биравед ва аз Худованд барои ман ва барои бақияи Исроил ва Яҳудо дар бораи суханони ин китоби ёфтшуда илтиҷо намоед, зеро ғазаби Худованд, ки бар мо аланга гирифтааст, бузург аст, аз барои он ки падарони мо каломи Худовандро риоя накардаанд, то ки мувофиқи ҳар он чи дар ин китоб навишта шудааст, амал намоянд».

Сухани Ҳулдои набия.

22 Ва Ҳилқиё ва онҳое ки подшоҳ амр фармуд, назди Ҳулдои набия, зани Шаллум ибни Тоқҳат ибни Ҳасрои посбони либосҳо, ки дар Ерусалим, дар маҳаллаи дуюми он сукунат дошт, рафтанд, ва бо вай дар ин бобат сухан ронданд.

23 Ва ӯ ба онҳо гуфт: «Худованд Худои Исроил чунин мегӯяд: „Ба касе ки шуморо назди ман фиристодааст, бигӯед:

24 Худованд чунин мегӯяд: инак, Ман мусибате бар ин макон ва бар сокинонаш хоҳам овард, — ҳамаи лаънатҳоеро, ки дар ин китоб, ки онро пеши подшоҳи Яҳудо хондаанд, навишта шудааст;

25 Азбаски онҳо Маро тарк карда, ба худоёни дигар бухур сӯзондаанд, то ки Маро бо тамоми амали дастҳои худ ба хашм оваранд, ғазаби Ман бар ин макон аланга гирифтааст, ва хомӯш нахоҳад шуд“.

26 Ва ба подшоҳи Яҳудо, ки шуморо фиристодааст, то ки аз Худованд илтиҷо намоед, чунин гӯед: „Худованд Худои Исроил дар бораи суханоне ки шунидаӣ, чунин мегӯяд:

27 Азбаски дили ту нарм шудааст, ва дар вақти шунидани суханони Худо дар бораи ин макон ва сокинонаш ба ҳузури Ӯ гардан фуровардаӣ, — ва ба ҳузури Ман гардан фуроварда, либоси худро чок задаӣ, ва ба ҳузури Ман гирья кардаӣ, бинобар ин Ман низ туро иҷобат намудам, мегӯяд Худованд;

28 Инак, Ман туро ба падаронат ҳамроҳ хоҳам кард, ва ту дар мақбараи худ ба саломатӣ гузошта хоҳӣ шуд, ва тамоми он мусибатро, ки Ман бар ин макон ва бар сокинонаш меоварам, чашмони ту нахоҳад дид“». Ва ҷавобро ба подшоҳ расониданд.

Ба қавм эълон карда шудани китоби аҳд,

ва дигар ислоҳоти Йӯшиёҳу.

29 Ва подшоҳ фиристода, ҳамаи пирони Яҳудо ва Ерусалимро ҷамъ кард.

30 Ва подшоҳ ба хонаи Худованд омад, ва тамоми мардуми Яҳудо ва сокинони Ерусалим бо ӯ буданд, — коҳинон ва левизодағон ва тамоми қавм аз калон то хурд; ва ӯ ҳамаи суханони китоби аҳдро, ки дар хонаи Худованд ёфт шуд, дар гӯши онҳо хонд.

31 Ва подшоҳ бар минбари худ истод, ва ба ҳузури Худованд аҳд баст, ки Худовандро пайравӣ намоянд, ва аҳком ва шаҳодот ва фароизи Ӯро бо тамоми дилу ҷон риоя кунанд, ва суханони ин аҳдро, ки дар ин китоб навишта шудааст, ба ҷо оваранд.

32 Ва ӯ ҳамаи онҳоеро, ки дар Ерусалим ва Биньёмин буданд, бар ин ӯҳдадор гардонид; ва сокинони Ерусалим мувофиқи аҳди Худо, Худои падаронашон рафтор карданд.

33 Ва Йӯшиёҳу ҳамаи чизҳои зиштро аз ҳамаи заминҳое ки ба банӣ‐Исроил тааллуқ дошт, дур кард, ва ҳамаи онҳоеро, ки дар Исроил буданд, водор намуд, ки Худованд Худои худро ибодат кунанд; дар тамоми айёми ӯ онҳо аз пайравии Худованд Худои падаронашон дур нашудаанд.

35

БОБИ СИЮ ПАНҶУМ

Йӯшиёҳу иди фисҳро дар Ерусалим ба ҷо меоварад.

1 Ва Ӣушиёҳу иди фисҳро дар Ерусалим барои Худованд ба ҷо овард; ва барраи фисҳро дар рӯзи чордаҳуми моҳм якум забҳ карданд.

2 Ва ӯ коҳинонро бар навбатдориҳошон гузошт, барои хизмати хонаи Худованд онҳоро таҳрик дод.

3 Ва ба левизодагоне ки тамоми Исроилро таълим медоданд ва барои Худованд такдис ёфта буданд, гуфт: «Сандуқи муқаддасро дар хонае ки Сулаймон ибни Довуд, подшоҳи Исроил, бино кардааст, бимонед; ҳоҷат надорад, ки минбаъд онро бар китфи худ бардоред; алҳол хизмати Худованд Худои худ ва қавми Ӯ Исроилро ба ҷо оваред;

4 Ва бар ҳасби хонаводаҳои худ ва гурӯҳҳои худ, чунон ки дар навиштаи Довуд, подшоҳи Исроил, ва дар навиштаи писараш Сулаймон муқаррар карда шудааст, омода шавед;

5 Ва мувофиқи тақсимоти хонаводаҳои бародаронатон, фарзандони қавм, ва мувофиқи тақсимоти хонаводаҳои левизодагон дар кудс биистед.

6 Ва барраи фисҳро забҳ кунед, ва худро такдис намуда, онро барои бародаронатон тайёр кунед, то бар тибқи каломи Худованд, ки ба воситаи Мусо гуфтааст, амал намоянд».

7 Ва Йӯшиёҳу барои фарзандони қавм, яъне барои ҳамаи онҳое ки дар он ҷо буданд, аз рамаи баррагон ва бузғолагон ба микдори сӣ ҳазор сар, ки ҳамааш барои қурбониҳои фисҳ буд, ва аз говон се ҳазор сар бахшиш кард; инҳо аз молу мулки подшоҳ буд.

8 Ва сарварони ӯ саховат намуда, барои қавм, барои коҳинон ва левизодагон бахшиш карданд: Ҳилқиё ва Закарьёҳу ва Яҳиил, ки раисони хонаи Худо буданд, ба коҳинон барои қурбониҳои фисҳ ду ҳазору шашсад сар барраю бузғола ва сесад сар гов доданд.

9 Ва Конаньёҳу ва Шамаъёҳу ва Натанъил, бародарони ӯ, ва Ҳашабьёҳу ва Яиил ва Юзобод, сарварони левизодагон, ба левизодагон барои қурбониҳои фисҳ панҷ ҳазор сар барраю бузғола ва панҷсад сар гов доданд.

10 Ва хизмат дуруст ба ҷо оварда шуд, ва коҳинон дар ҷойҳои худ, ва левизодагон дар гурӯҳҳои худ, бар тибқи фармони подшоҳ истоданд.

11 Ва барраҳои фисҳро забҳ карданд, ва коҳинон хунро аз дасти левизодагон гирифта, мепошиданд, ва левизодагон пӯсти барраҳоро меканданд.

12 Ва он чиро, ки барои қурбонии сӯҳтанӣ буд, ҷудо карданд, то онро мувофиқи тақсимоти хонаводаҳо ба фарзандони қавм бидиҳанд, то ки онҳо, бар тибқи он чи дар китоби Мусо навишта шудааст, барои Худованд қурбонӣ кунанд; бо говон низ чунин амал карданд.

13 Ва барраи фисҳро, мувофиқи дастуруламал, ба оташ пухтанд; ва қурбониҳои муқаддасро дар дегҳо ва тосҳо ва лаганҳо пухтанд, ва чобукона ба ҳамаи фарзандони қавм тақсим карда доданд.

14 Ва баъд аз он барои худашон ва барои коҳинон тайёр карданд, зеро ки коҳинон, банӣ‐Ҳорун, то шомгоҳ бо тақдим кардани қурбониҳои сӯхтанӣ ва чарбуҳо банд буданд; ва левизодагон барои худашон ва барои коҳинон, банӣ‐Ҳорун, тайёр карданд.

15 Ва муғанниён, банӣ‐Ософ, бар тибқи фармони Довуд ва Ософ ва Ҳеймон ва Едутун, ки ғайбгӯи подшоҳ буд, дар ҷойҳои худ истоданд, ва дарбонон — назди ҳар дарвоза: барои онҳо ҳоҷат надошт, ки аз сари кори худ дур шаванд, зеро ки бародаронашон левизодагон барои онҳо тайёр мекарданд.

16 Ва тамоми хизмати Худованд дар он рӯз дуруст ба роҳ монда шуд, то ки иди фисҳро ба ҷо оваранд ва бар қурбонгоҳи Худованд, мувофиқи фармони подшоҳ Йӯшиёҳу, қурбониҳои сӯхтанӣ такдим намоянд.

17 Ва банӣ‐Исроил, ки ҳозир буданд, фисҳро дар он вақт, ва иди фатирро ҳафт рӯз ба ҷо оварданд.

18 Ва ҳеҷ иди фисҳ мисли ин дар Исроил аз айёми Самуили набӣ ба ҷо оварда нашудааст; ва ҳеҷ яке аз подшоҳони Исроил мисли ин фисҳе ки Йӯшиёҳу, ва коҳинон ва левизодагон ва ҳамаи ҳозирони Яҳудо ва Исроил, ва сокинони Ерусалим ба ҷо оварданд, ба ҷо наоварда буд.

19 Ин фисҳ дар соли ҳаждаҳуми подшоҳии Йӯшиёҳу ба ҷо оварда шуд.

Фавти Йӯшиёҳу.

20 Баъд аз ҳамаи ин тадбирҳое ки Йӯшиёҳу дар маъбад андешид, Накӯҳ, подшоҳи Миср, сӯи Каркамиш, ки бар Фурот воқеъ аст, барои ҷанг кардан баромад; ва Йӯшиёҳу ба истиқболи вай берун омад.

21 Ва вай қосидонро назди ӯ фиристода, гуфт: «Маро бо ту, эй подшоҳи Яҳудо, чӣ кор аст? Ман имрӯз ба муқобили ту набаромадаам, балки ба муқобили маконе ки бо он бояд ҷанг кунам, ва Худо ба ман амр фармудааст, ки таъҷил намоям; аз Худое ки бо ман аст, даст бикаш, мабодо Ӯ туро нобуд кунад».

22 Вале Йӯшиёҳу рӯи худро аз вай нагардонид, балки либоси худро иваз намуд, то ки бо вай ҷанг кунад; ва ба суханони Накӯҳ, ки аз ҷониби Худо буд, гӯш надод, ва ба водии Маҷиддӯ омад, то ки ҷанг кунад.

23 Ва тирандозон ба подшоҳ Йӯшиёҳу тир андохтанд, ва подшоҳ ба навкаронаш гуфт: «Маро берун баред, зеро ки бағоят бемор шудаам».

24 Ва навкаронаш ӯро аз ароба фуроварда, ба аробаи дуюме ки дошт, савор карданд, ва ӯро ба Ерусалим оварданд, ва ӯ мурд, ва дар мақбараи падаронаш дафн карда шуд; ва тамоми Яҳудо ва Ерусалим барои Йӯшиёҳу мотам гирифтанд.

25 Ва Ирмиёҳу дар ҳаққи Йӯшиёҳу марсия хонд, ва ҳамаи муғанниён ва муғанниягон дар марсияҳои худ то имрӯз дар ҳаққи Йӯшиёҳу суҳан меронанд, ва он марсияҳо дар Исроил ба ҳукми қонун даромадааст; ва инак, онҳо дар китоби марсияҳо навишта шудааст.

26 Ва бақияи аъмоли Йӯшиёҳу ва некиҳои ӯ, ки ба навиштаҳои Тавроти Худованд мувофиқ буд,

27 Ва корҳои ӯ, аз аввал то охир, дар китоби подшоҳони Исроил ва Яҳудо навишта шудааст.

36

БОБИ СИЮ ШАШУМ

Подшоҳии Еҳӯоҳоз.

1 Ва қавми мамлакат Еҳӯоҳоз ибни Йӯшиёҳуро гирифтанд, ва ӯро ба ҷои падараш дар Ерусалим подшоҳ карданд.

2 Дар вақти подшоҳ шуданаш Еҳӯоҳоз бисту сесола буд, ва се моҳ дар Ерусалим подшоҳӣ кард.

3 Ва подшоҳи Миср ӯро дар Ерусалим сарнагун кард, ва бар мамлакат сад киккар нуқра ва як киккар тилло ҷарима надохт.

4 Ва подшоҳи Миср бародари ӯ Эльёқимро дар Яҳудо ва Ерусалим подшоҳ карда, номи ӯро ба Еҳӯёқим мубаддал намуд; ва Йӯоҳоз бародари ӯро гирифта, ба Миср бурд.

5 Дар вақти подшоҳ шуданаш Еҳӯёқим бисту панҷсола буд, ва ёздаҳ сол дар Ерусалим подшоҳӣ кард; ва он чи дар назари Худованд Худояш бад буд, ба амал овард.

6 Набукаднесар, подшоҳи Бобил, ба муқобили ӯ лашкар кашид, ва ӯро занҷирбанд кард, то ки ӯро ба Бобил барад.

7 Ва аз колои хонаи Худованд Набукаднесар ба Бобил овард, ва онро дар ибодатхонаи худ дар Бобил гузошт.

Подшоҳ шудани Еҳӯёкин.

8 Ва бақияи аъмоли Еҳӯёқим, ва корҳои зиште ки ӯ кард, ва он чи дар ӯ ёфт шуд, дар китоби подшоҳони Исроил ва Яҳудо навишта шудааст; ва писараш Еҳӯёкин ба ҷои ӯ подшоҳ шуд.

9 Дар вақти подшоҳ шуданаш Еҳӯёкин ҳаштсола буд, ва се моҳу даҳ рӯз дар Ерусалим подшоҳӣ кард; ва он чи дар назари Худованд бад буд, ба амал овард.

10 Ва баъд аз интиҳои сол, подшоҳ Набукаднесар фиристод, ва ӯро бо колои нафисаи хонаи Худованд ба Бобил овард; ва бародари ӯ Сидқиёҳуро бар Яҳудо ва Ерусалим подшоҳ кард.

Подшоҳии Сидқиёҳу.

11 Дар вақти подшоҳ шуданаш Сидқиёҳу бисту яксола буд, ва ёздаҳ сол дар Ерусалим подшоҳӣ кард.

12 Ва он чи дар назари Худованд Худояш бад буд, ба амал овард; пеши Ирмиёй набӣ, ки аз забони Худованд сухан гуфт, гардан нафуровард.

13 Ва низ ба муқобили подшоҳ Набукаднесар, ки ӯро ба Худо қасам дода буд, исьён бардошт; ва гарданкашӣ намуда ва дили худро сахт гардонида, сӯи Худованд Худои Исроил руҷӯъ накард.

14 Ҳамчунин ҳамаи сарварони коҳинон ва қавм, ба тақлиди ҳамаи корҳои зишти халқҳо, хиёнати зиёде ба амал оварданд, ва хонаи Худовандро, ки Ӯ дар Ерусалим такдис намуда буд, палид карданд.

Бақияи аҳли Яҳудо ба асирии Бобил бурда шуданд.

15 Ва Худованд Худои падаронашон назди онҳо ба воситаи расулони Худ фиристод, ҳар субҳидам гаштаю баргашта равона кард, зеро ки бар қавми Худ ва бар маскани Худ шафқат намуд.

16 Вале онҳо расулони Худоро тамасҳур карданд, ва аз суханони Ӯ нафрат доштанд, ва анбиёи Ӯро хорӣ доданд, то ба ҳадде ки оташи ғазаби Худованд бар қавми Ӯ аланга гирифт, ба тавре ки он илоҷнопазир буд.

17 Ва Ӯ подшоҳи калдониёнро бар онҳо овард, ки вай ҷавонони онҳоро дар хонаи муқаддасашон бо шамшер кушт, ва бар ҷавонон ва дӯшизагон ва пирон ва мӯйсафедон шафқат нанамуд: Ӯ ҳамаро ба дасти вай супурд.

18 Ва вай тамоми колои хонаи Худоро, — хоҳ калон хоҳ хурд, — ва хазоини хонаи Худованд ва ҳазоини подшоҳ ва сарваронашро комилан ба Бобил бурд.

19 Ва хонаи Худоро сӯзониданд, ва ҳисори Ерусалимро хароб карданд, ва ҳамаи қасрҳои онро ба оташ сӯзониданд, ва тамоми колои нафисаи онро несту нобуд карданд.

20 Ва онҳоеро, ки аз шамшер боқӣ монда буданд, вай ба Бобил ба асирӣ бурд, ва онҳо ғуломони вай ва писаронаш буданд, то вақте ки салтанати подшоҳи Форс барқарор гардид,

21 То ба амал ояд каломи Худованд, ки бо забони Ирмиё гуфта буд, яъне то вақте ки замин дамгирии шанбеҳои худро талофӣ намуд: он дар тамоми айёми харобӣ дам гирифт, то даме ки ҳафтод сол пур шуд.

Амри подшоҳ Куруш дар бораи аз нав барқарор кардани маъбади Ерусалим.

22 Ва дар соли якуми Куруш, подшоҳи Форс, барои он ки каломи Худованд аз забони Ирмиё иҷро шавад, Худованд рӯҳи Куруш, подшоҳи Форсро барангехт, ва ӯ дар тамоми мамлакати худ ҷор андохт ва ба таври хаттӣ низ эълон намуда, гуфт:

23 «Куруш, подшоҳи Форс, чунин мегӯяд: „Ҳамаи мамлакатҳои заминро Худованд, Худои осмон, ба ман додааст, ва Ӯ ба ман амр фармудааст, ки дар Ерусалим, ки дар Яҳудия аст, хонае барои Ӯ бино намоям. Кист аз шумо, аз тамоми қавми Ӯ, ки Худояш бо вай бошад, бархоста биравад“».