КИТОБИ

ЯКУМИ ПОДШОҲОН

1

БОБИ ЯКУМ

Модари Самуил.

1 Ва марде аз Ромотаим‐Сӯфим, аз кӯҳи Эфроим буд; ва номаш Элқоно ибни Ерӯҳом, ибни Элиҳу, ибни Тӯҳу, ибни Суф буд, — ва ӯ эфротӣ буд.

2 Ва ӯ ду зан дошт: номи яке Ҳанно ва номи дигаре Фанинно буд: ва Фанинно бача дошт, вале Ҳанно бача надошт.

3 Ва он мард ҳар сол аз шаҳри худ мерафт, то ки Худованди лашкарҳоро дар Шилӯ ибодат намояд ва барои Ӯ курбонӣ кунад; ва дар он чо ду писари Элӣ, Ҳофнӣ ва Финҳос, коҳинони Худованд буданд.

4 Ва дар он рӯзе ки Элқоно қурбонӣ мекард, ба зани худ Фанинно ва ба ҳамаи писарон ва духтарони вай ҳиссаҳо медод;

5 Валекин ба Ҳанно ҳиссаи дучанд медод, зеро ки Ҳанноро дӯст медошт, агарчи Худованд батни варо баста буд.

6 Ва паланҷаш варо сахт ранҷонида, бисьёр ба хашм меовард, барои он ки Худованд батнашро баста буд.

7 Ва ин тавр сол ба сол воқеъ мешуд: ҳар боре ки вай ба хонаи Худованд меомад, паланҷаш чунон варо меранҷонид, ки вай гирья мекард ва чизе намехӯрд.

8 Ва шавҳараш Элқоно ба вай мегуфт: «Эй Ҳанно! Чаро гирья мекунӣ, ва чаро чизе намехӯрӣ, ва чаро дилат маҳзун аст? Ман, охир, барои ту аз даҳ писар беҳтар ҳастам».

9 Ва Ҳанно, баъд аз хӯрдан ва нӯшидан дар Шилӯ, бархост; ва Элии коҳин назди паҳлударии маъбади Худованд бар курсӣ нишаста буд.

10 Ва вай бо сӯзи дил сӯи Худованд дуо мегуфт ва зор‐зор мегирист.

11 Ва назр намуда, гуфт: «Эй Худованди лашкарҳо! Агар ба азияти канизи Худ назар андозӣ, ва маро ба ёд оварӣ, ва канизи Худро фаромӯш накунӣ, ва фарзанди наринае ба канизи Худ ато фармоӣ, ман ӯро тамоми айёми умраш ба Худованд хоҳам дод, ва поку ба сари ӯ нахоҳад расид».

12 Ва азбаски дуои вай ба ҳузури Худованд тӯл кашид, Элӣ ба даҳони вай назар дӯхт.

13 Ва Ҳанно дар дили худ сухан мегуфт: лабҳояш фақат меҷунбид, вале овозаш шунида намешуд; бинобар ин Элӣ гумон кард, ки вай маст аст.

14 Ва Элӣ ба вай гуфт: «То ба кай маст мешавӣ? Шаробро аз худ дур кун».

15 Вале Ҳанно ҷавоб гардонида, гуфт: «Не, оғоям; ман зани дилшикастае ҳастам, ва шаробу арақ наменӯшам, балки дили худро ба ҳузури Худованд холӣ кардам.

16 Канизи худро зани нобакоре ҳисоб накун; зеро ки аз бисьёрии андӯҳ ва кулфати худ то ҳол сухан рондаам».

17 Ва Элӣ ҷавоб гардонида, гуфт: «Ба саломатӣ бирав, ва Худои Исроил хоҳиши туро, ки аз Ӯ илтимос кардаӣ, ба амал хоҳад овард».

18 Ва вай гуфт: «Кошки канизи ту дар назарат илтифот ёбад!» Ва зан ба роҳи худ рафт; ва хӯрок мехӯрд, ва чеҳрааш дигар ғамгин набуд.

19 Ва онҳо бомдодон бармаҳал бархоста, ба ҳузури Худованд ибодат карданд, ва баргашта, ба хонаи худ ба Ромо омаданд; ва Элқоно бо зани худ Ҳанно хобид, ва Худованд варо ба ёд овард.

Таваллуди Самуил.

20 Ва баъд аз муддате Ҳанно ҳомила гардида, писаре зоид, ва номи ӯро Самуил хонд, зеро ки ӯро аз Худо талабидаам, гуфт вай.

21 Ва шавҳараш Элқоно бо тамоми аҳли байташ рафт, то ки қурбонии солона ва назри худро барои Худованд тақдим намояд.

22 Вале Ҳанно нарафт, зеро ки ба шавҳараш гуфта буд: «Вақте ки писар аз сина ҷудо шавад, ӯро хоҳам бурд, ва ӯ назди Худованд ҳозир шуда, дар он ҷо ба таври доимӣ хоҳад монд».

23 Ва шавҳараш Элқоно ба вай гуфт: «Он чи дар назарат писанд ояд, бикун; то вақте ки ӯро аз сина ҷудо кунӣ, бимон; кошки Худованд суханашро ба амал оварад!» Ва зан монд, ва писарашро маконид, то вақте ки ӯро аз сина ҷудо кард.

Ҳанно Самуилро назди Элӣ меоварад.

24 Ва ҳангоме ки ӯро аз сина ҷудо кард, як наргови сесола, як эфа орд ва як машк шароб гирифта, бо ӯ баромад, ва ӯро ба хонаи Худованд ба Шилӯ овард; ва писар ҳанӯз хурд буд.

25 Ва нарговро куштанд, ва писарро назди Элӣ оварданд.

26 Ва Ҳанно гуфт: «Лутфан, эй оғоям! Ба ҳаётат қасам мехӯрам, эй оғоям! Ман ҳамон зан ҳастам, ки дар ин ҷо назди ту истода, сӯи Худованд дуо гуфта будам.

27 Барои ҳамин писар дуо гуфта будам, ва Худованд хоҳиши маро, ки аз Ӯ илтимос карда будам, ба ман ато фармуд.

28 Ва ман ӯро барои Худованд вақф намудам: ӯ тамоми айёми умри худ вақф барои Худованд хоҳад буд». Ва дар он чо Худовандро ибодат карданд.

2

БОБИ ДУЮМ

Дуои пайғамбаронаи Ҳанно.

1 Ва Ҳанно дуо хонда, гуфт:

«Дили ман дар Худованд хурсанд шудааст,

шохи ман дар Худованд баланд шудааст;

даҳони ман бар душманонам яла шудааст,

зеро ки аз наҷоти Ту шод ҳастам.

2 Қуддусе мисли Худованд нест,

зеро ки дигаре ғайр аз Ту нест;

ва сахрае мисли Худои мо нест.

3 Суханони ҳавобаландонаро афзун накунед;

нутқи густохона аз даҳонат набарояд;

зеро ки Худованд Худои ҳамадон аст,

ва тамоми аъмол назди Ӯ санҷида мешавад.

4 Камони зӯроварон ба шикаст дучор меояд,

вале камари бемаҷолон қувват меёбад.

5 Серон барои як лаб нон муздур мешаванд,

вале гуруснагон фароғат меёбанд;

ҳатто зани нозой ҳафт бача мезояд,

вале зани серфарзанд мубтало мешавад.

6 Худованд мемиронад ва зиндагӣ мебахшад;

ба қабр фурӯд меоварад ва бармехезонад.

7 Худованд бенаво месозад ва сарватдор мегардонад;

ба залолат меафтонад ва баланд мебардорад.

8 Бенавоёнро аз хок бармехезонад,

мискинро аз даруни ахлот мебардорад,

то ки бо мирон ҳамнишин созад,

ва кур сии ҷалолро насибашон гардонад;

зеро ки аркони замин аз они Худованд аст,

ва ҷаҳонро ӯ бар онҳо устувор намудааст.

9 Қадамҳои муқаддасони Худро нигаҳдорӣ мекунад,

ва шарирон дар зулмот маҳв мешаванд;

зеро ки одамизод бо қувваташ зӯр намебарояд.

10 Онҳое ки ба Худованд зиддият нишон медиҳанд,

несту нобуд мешаванд:

бар онҳо Ӯ аз осмон раъду барқ мефиристад.

Худованд ақсои заминро доварӣ менамояд,

ва ба подшоҳи Худ қувват мебахшад,

ва шохи масеҳи Худро баланд мебардорад».

11 Ва Элқоно ба хонаи худ ба Ромо рафт; ва он амрад назди Элии коҳин хизматгузори Худованд буд.

Писарони Элӣ.

12 Валекин писарони Элӣ шахсони нобакор буданд: Худовандро намешинохтанд.

13 Ва рафтори ин коҳинон нисбат ба қавм чунин буд: чун касе куробнӣ мекард, хизматгузори коҳин дар вақти пухтани гӯшти он меомад, дар ҳолате ки сихи сешохае дар дасташ буд;

14 Ва онро ба лаган, ё дег, ё тос фурӯ мефиристод, ва ҳар чиро, ки он сих мебаровард, коҳин барои худ мегирифт. Бо ҳамаи исроилиёне ки ба он ҷо, ба Шилӯ меомаданд, онҳо ҳамин тавр рафтор мекарданд.

15 Валекин пеш аз сӯзонидани чарбу, хизматгузори коҳин омада, ба касе ки қурбонӣ кардааст, мегуфт: «Гӯшт барои кабоби коҳин бидеҳ; ӯ аз ту гӯшти пухта намегирад, балки фақат гӯшти хом».

16 Ва агар он шахс ба вай мегуфт: «Аввал чарбуро бисӯзонанд, ва он гоҳ ҳар чи дилат хоҳад, барои худ бигир», — вай мегуфт: «Не, худи ҳозир бидеҳ, вагар на, бо зӯрӣ мегирам».

17 Ва гуноҳи он ҷавонон ба ҳузури Худованд бағоят азим буд, зеро ки ин одамон қурбонии Худовандро хор медоштанд.

Самуили амрад дар хизмати хайма.

18 Ва Самуили амрад ба ҳузури Худованд хизматгузорӣ мекард, дар ҳолате ки эфӯди катон дар бар дошт.

19 Ва ҷомаи хурде модараш барои ӯ дӯхта, сол ба сол ба ӯ меовард, вақте ки вай бо шавҳари худ меомад, то ки қурбонии солонаро тақдим намояд.

20 Ва Элӣ Элқоно ва зани ӯро баракат дода, гуфт: «Бигзор Худованд ба ту аз ин зан дар ивази вақфе ки барои Худованд додаӣ, насл ато фармояд!» Ва онҳо ба макони худ рафтанд.

21 Ҳақиқатан Худованд Ҳанноро тафаққуд намуд, ва ӯ ҳомила шуда, се писар ва ду духтар зоид; ва Самуили амрад ба ҳузури Худованд калон мешуд.

22 Ва Элӣ бағоят пир шуда буд; ва ҳар амалеро, ки писаронаш дар ҳаққи тамоми Исроил мекарданд, мешунид, ва онро низ, ки чӣ гуна онҳо бо заноне ки назди даромадгоҳи хаймаи ҷомеъ ҷамъ мешуданд, хуфтухоб менамуданд.

23 Ва ба онҳо гуфт: «Чаро шумо чунин амал мекунед? Ман, охир, ин аъмоли бади шуморо аз тамоми қавм мешунавам.

24 Чунин амал накунед, эй писаронам! Зеро овозае ки ман мешунавам, хуб нест: шумо боиси маъсияти қавми Худованд мегардед.

25 Агар касе бар зидди касе гуноҳ кунад, ӯро Худованд доварӣ менамояд, вале агар касе бар зидди Худованд гуноҳ кунад, кист, ки барои вай шафоат намояд?» Вале онҳо ба овози падарашон гӯш надоданд, зеро Худованд қарор дода буд, ки онҳо бимиранд.

26 Валекин Самуили амрад торафт калон шуда, ҳам дар назари Худованд ва ҳам дар назари мардум илтифот меёфт.

Огоҳӣ ёфтани Элӣ.

27 Ва марди Худо назди Элӣ омада, ба ӯ гуфт: «Худованд чунин мегӯяд: „Оё Ман бар хонадони падарат, вақте ки онҳо дар Миср, дар хонаи фиръавн буданд, Худро зоҳир насохтам?

28 Ва оё ӯро аз ҳамаи сибтҳои Исроил барои Худ ба коҳинӣ интихоб нанамудам, то ки бар қурбонгоҳи Ман баромада, бухур бисӯзонад ва ба ҳузури Ман эфӯд бипӯшад? Ва оё ҳамаи ҳадияҳоро аз қурбониҳои сӯхтании банӣ‐Исроил ба хонадони падарат набахшидам?

29 Чаро шумо қурбониҳо ва ҳадияҳои ордии Маро, ки барои маскани Худ амр фармудаам, поймол мекунед? Ва чаро ту писарони худро назар ба Ман бештар мӯҳтарам медорӣ, то ки худро аз қисми беҳтарини ҳамаи ҳадияҳои қавми Ман — Исроил фарбеҳ гардонӣ?“

30 Бинобар ин Худованд, Худои Исроил, чунин мегӯяд: „Ман гуфта будам, ки хонадони ту ва хонадони падарат ба ҳузури Ман то абад роҳ хоҳанд рафт. Вале алҳол, мегӯяд Худованд, ҳошо ки Ман инро раво бинам, зеро ки Ман эҳтиромкунандагони Худро эҳтиром хоҳам кард, валекин залилкунандагони Ман расво хоҳанд шуд.

31 Инак, айёме фаро мерасад, ки Ман бозуи ту ва бозуи хонадони падаратро қатъ хоҳам кард, ба тавре ки пире дар хонадони ту нахоҳад буд.

32 Ва ту рақибро дар маскани Ман хоҳӣ дид, дар ҳар кори неке ки вай барои Исроил бикунад; ва пире дар хонадони ту ҳаргиз нахоҳад буд.

33 Ва аҳли байти туро аз қурбонгоҳи Худ тамоман нахоҳам дур кард, ки ин барои коҳонидани чашмони ту ва ранҷонидани ҷони ту бошад; вале тамоми насли ту ҷавонмарг хоҳанд шуд.

34 Ва он чи ба ду писарат, ба Ҳофнӣ ва Финҳос, рӯй медиҳад, аломате барои ту хоҳад буд: ҳар дуи онҳо дар як рӯз хоҳанд мурд.

35 Ва коҳини аминеро барои Худ таъин хоҳам намуд, ки вай мувофиқи дили Ман ва мувофиқи ҷони Ман амал хоҳад кард; ва барои вай хонадони амине барпо хоҳам намуд, ки он ба ҳузури масеҳи Ман ҳамеша роҳ хоҳад рафт.

36 Ва тавре воқеъ хоҳад шуд, ки ҳар касе ки аз хонадони ту боқӣ монда бошад, омада, барои як фулуси нуқра ва як порча нон пеши вай саҷда барад ва бигӯяд: лутфан, маро ба ягон вазифаи каҳонат таъин намо, то ки як лаб нон бихӯрам“».

3

БОБИ СЕЮМ

Самуил коҳин ва набӣ шуд.

1 Ва Самуили амрад пеши Элӣ хизматгузори Худованд буд; ва каломи Худованд дар он айём камьёфт буд, ва рӯъё ҳанӯз маъмул набуд.

2 Ва рӯзе аз рӯзҳо чунин воқеъ шуд, ки Элӣ дар ҷояш хобида буд; ва чашмонаш хира гардида буд, ба тавре ки ӯ наметавонист бубинад.

3 Ва чароғи Худо ҳанӯз хомӯш нашуда буд; ва Самуил дар маъбади Худованд мехобид, ки дар он ҷо сандуқи Худо буд.

4 Ва Худованд Самуилро хонд, ва ӯ гуфт: «Лаббай!»

5 Ва шитобон сӯи Элӣ рафта, гуфт: «Лаббай! Ту маро хондӣ». Вале вай гуфт: «Ман туро нахондаам; баргашта, бихоб». Ва ӯ рафта, хобид.

6 Валекин Худованд бори дигар хонд: «Эй Самуил!» Ва Самуил бархоста, назди Элӣ рафт, ва гуфт: «Лаббай! Ту маро хондӣ». Вале вай гуфт: «Ман туро нахондаам, писарам; баргашта, бихоб».

7 Ва Самуил Худовандро ҳанӯз намешинохт, ва каломи Худованд ҳанӯз бар ӯ зоҳир нашуда буд.

8 Ва Худованд бори сеюм Самуилро хонд; ва ӯ бархоста, назди Элӣ рафт, ва гуфт: «Лаббай! Ту маро хондӣ». Ва Элӣ фаҳмид, ки Худованд амрадро хондааст.

9 Ва Элӣ ба Самуил гуфт: «Рафта, бихоб, ва ҳангоме ки туро бихонад, бигӯй: „Эй Худованд, бигӯй, зеро ки бандаат мешунавад“». Ва Самуил рафта, дар ҷояш хобид.

10 Ва Худованд омада, биистод ва, мисли дафъаҳои пеш, хонд: «Эй Самуил, Самуил!» Ва Самуил гуфт: «Бигӯй, зеро ки бандаат мешунавад».

11 Ва Худованд ба Самуил гуфт: «Инак, Ман коре дар Исроил мекунам, ва ҳар касе ки дар бораи он бишнавад, хар ду гӯшаш садо хоҳад дод.

12 Дар он рӯз Ман бар Элӣ ҳар он чиро, ки дар бораи хонадонаш гуфтаам, иҷро хоҳам кард; ба ин кор шурӯъ намуда, онро ба анҷом хоҳам расонид.

13 Ва Ман ба ӯ хабар дода будам, ки хонадони ӯро ба сурати абадӣ доварӣ хоҳам намуд, барои он гуноҳи ӯ, ки ӯ медонист, ки писаронаш бар худ лаънат меоваранд, вале ӯ онҳоро ҷилавгирӣ накард.

14 Бинобар ин Ман дар ҳаққи хонадони Элӣ қасам хӯрдаам, ки гуноҳи хонадони Элӣ бо қурбонй ва ҳадия то абад кафорат нахоҳад шуд».

15 Ва Самуил то субҳ хобид, ва дарҳои хонаи Худовандро воз кард; ва Самуил тарсид, ки ин рӯъёро ба Элӣ хабар диҳад.

16 Вале Элӣ Самуилро хонда, гуфт: «Эй писарам Самуил!» Ӯ гуфт: «Лаббай!».

17 Ва гуфт: «Чӣ суханест, ки ба ту гуфтааст? Лутфан, аз ман пинҳон надор! Худо ба ту чунин ва зиёда аз ин бикунад, агар аз ҳар чизе ки ба ту гуфтааст, чизеро аз ман пинҳон дорӣ».

18 Ва Самуил ҳамаи суханонро ба ӯ баён намуд, ва аз ӯ пинҳон надошт. Ва ӯ гуфт: «Ӯ Худованд аст, ва он чи дар назараш писанд ояд, ба амал хоҳад овард».

19 Ва Самуил калон мешуд; ва Худованд бо ӯ буд, ва аз ҳамаи суханонаш чизе зоеъ намерафт.

20 Ва тамоми Исроил, аз Дон то Беэр‐Шобаъ, донистанд, ки Худованд Самуилро набии амини Худ ёфтааст.

21 Ва Худованд боз дар Шилӯ зоҳир шудан гирифт, чунон ки Худованд дар Шилӯ бо каломи Худованд бар Самуил зоҳир шуд.

4

БОБИ ЧОРУМ

Фалиштиён сандуқи Худоро забт менамоянд.

1 Ва каломи Самуил ба тамоми Исроил расид. Ва Исроил ба муқобили фалиштиён ба ҷанг баромаданд, ва назди Эбен‐Эзер ӯрду заданд; ва фалиштиён дар Афеқ ҷойгир шуданд.

2 Ва фалиштиён ба муқобили Исроил саф кашиданд, ва ҳарбу зарб ба амал омад, ва исроилиён аз фалиштиён шикаст хӯрданд, ки онҳо дар майдони корзор тақрибан чор ҳазор нафарро куштанд.

3 Ва қавм ба ӯрдугоҳ омаданд; ва пирони Исроил гуфтанд: «Чаро Худованд имрӯз моро пеши фалиштиён шикаст дод? Пас, сандуқи аҳди Худовандро назди худ биёрем, ва он андаруни мо дохил шуда, моро аз дасти душманонамон наҷот хоҳад дод».

4 Ва қавм ба Шилӯ фиристоданд, ва сандуқи аҳди Худованди лашкарҳоро, ки дар миёни каррубиён сокин аст, аз он ҷо бардошта оварданд; ва ду писари Элӣ — Ҳофнӣ ва Финҳос — дар он ҷо бо сандуқи аҳди Худо буданд.

5 Ва ҳангоме ки сандуқи аҳди Худо ба ӯрдугоҳ дохил шуд, тамоми Исроил бо овози баланд бонг заданд, ва замин ба ларза омад.

6 Ва фалиштиён садои бонгро шунида, гуфтанд: «Ин садои бонги азим дар ӯрдугоҳи ибриён чист?» Ва фаҳмиданд, ки сандуқи Худованд ба ӯрдугоҳ дохил шудааст.

7 Ва фалиштиён тарсиданд, зеро ки гуфтанд: «Худо ба ӯрдугоҳ дохил шудааст». Ва гуфтанд: «Вой ба ҳоли мо! Зеро ки чунин чиз на дирӯз ва на парирӯз воқеъ нашудааст.

8 Вой ба ҳоли мо! Кист, ки моро аз дасти ин Худои пуриқтидор халосӣ диҳад? Ин ҳамон Худоест, ки мисриёнро дар биёбон ба ҳар гуна балоҳо гирифтор кардааст.

9 Қавӣ бошед ва мардвор рафтор кунед, эй фалиштиён! Мабодо ба ибриён бандагӣ кунед, чунон ки онҳо ба шумо бандагӣ мекарданд! Мардвор рафтор намуда, ҳарбу зарб кунед!»

10 Ва фалиштиён ҳарбу зарб карданд, ва исроилиён шикаст хӯрда, ҳар яке ба хаймаи худ гурехтанд; ва шикасти онҳо бағоят азим буд, ва аз исроилиён сӣ ҳазор сарбози пиёда кушта шуданд.

11 Ва сандуқи Худо забт карда шуд; ва ду писари Элӣ — Ҳофнӣ ва Финҳос — талаф шуданд.

12 Ва як марди биньёминӣ аз майдони корзор давида, дар ҳамон рӯз ба Шилӯ омад, дар ҳолате ки либосаш дарида ва хок ба сараш пошида буд.

13 Ва ҳангоме ки ӯ омад, инак Элӣ дар сари роҳ бар курсӣ, мунтазири хабаре нишаста буд, зеро ки дилаш барои сандуқи Худо музтариб буд; ва он мард ба шаҳр дохил шуда, хабар дод, ва тамоми аҳли шаҳр доду фарьёд бардоштанд.

14 Ва Элӣ доду фарьёдро шунида, гуфт: «Ин садои ғулғула чист?» Ва он мард шитобон омада, ба Элӣ хабар дод.

15 Ва Элӣ наваду ҳаштсола буд; ва чашмонаш кӯр шуда буд, ва ӯ наметавонист бубинад.

16 Ва он мард ба Элӣ гуфт: «Ман аз майдони корзор омадам, ва ман имрӯз аз майдони корзор гурехтаам». Ва ӯ гуфт: «Пас, чӣ воқеа рӯй додааст, писарам?»

17 Ва он хабаррасон ҷавоб гардонида, гуфт: «Исроил аз пеши фалиштиён гурехтанд, ва низ торумори азиме дар миёни қавм ба вуқӯъ омад, ва низ ду писарат — Ҳофнӣ ва Финҳос — талаф шуданд, ва сандуқи Худо забт карда шуд».

18 Ва ҳамин ки вай сандуқи Худоро зикр кард, ӯ аз болои курсӣ назди дарвоза пуштнокӣ афтод, ва гарданаш шикаста, мурд, зеро ки марди пир ва гарон буд; ва ӯ чил сол бар Исроил доварӣ намуд.

19 Ва келини ӯ, зани Финҳос, ки ҳомила ва моҳу рӯзаш пур буд, чун хабари забти сандуқи Худо ва мавти падаршӯ ва шавҳари худро шунид, ба зону чӯкида, зоид, зеро ки баногоҳ дард ёд кард.

20 Ва дар вақти мурданаш заноне ки назди вай истода буданд, гуфтанд: «Натарс, зеро ки писар зоидӣ». Вале вай ҷавоб нагардонид ва диққат надод.

21 Ва писарро Ихобӯд+ 4:21 Бешарафӣ. ном монда, гуфт: «Шараф Исроилро тарк кард!» Чунки сандуқи Худо забт гардида, падаршӯву шавҳари вай талаф шуда буданд.

22 Ва гуфт: «Шараф Исроилро тарк кард, зеро ки сандуқи Худо забт гардид».

5

БОБИ ПАНҶУМ

Сандуқ бар фалиштиён лаънати Худоро меоварад.

1 Ва фалиштиён сандуқи Худоро забт намуда, аз Эбен‐Эзер ба Ашдӯд оварданд.

2 Ва фалиштиён сандуқи Худоро гирифтанд, ва онро ба хонаи Доҷӯн оварданд; ва онро назди Доҷӯн гузоштанд.

3 Ва фардои он ашдӯдиён бармаҳал бархостанд, ва инак, Доҷӯн пеши сандуқи Худованд рӯ ба замин ғалтидааст; ва онҳо Доҷӯнро бардоштанд, ва онро аз нав дар ҷояш гузоштанд.

4 Ва фардои он бомдодон онҳо бармаҳал бархостанд, ва инак, Доҷӯн пеши сандуқи Худованд рӯ ба замин ғалтидааст; ва каллаи Доҷӯн ва ду кафи дасташ қатъ гардида, бар остона хобидааст; фақат тани Доҷӯн дар ҷояш мондааст.

5 Бинобар ин коҳинони Доҷӯн, ва ҳамаи онҳое ки ба хонаи Доҷӯн меоянд, то имрӯз бар остонаи Доҷӯн дар Ашдӯд пой намемонанд.

6 Ва дасти Худованд бар ашдӯдиён гарон омад, ва Ӯ ҳоли онҳоро табоҳ намуда, дар Ашдӯд ва навоҳии он ба обилаҳо гирифтор кард.

7 Ва чун мардуми Ашдӯд диданд, ки аҳвол чунин аст, гуфтанд: «Сандуқи Худои Исроил бо мо нахоҳад монд, зеро ки дасти Ӯ бар мо ва бар худои мо Доҷӯн гарон омад».

8 Ва фиристода, ҳамаи сарварони фалиштиёнро назди худ ҷамъ карда, гуфтанд: «Бо сандуқи Худои Исроил чӣ кунем?» Ва гуфтанд: «Бигзор сандуқи Худои Исроил ба Ҷат гузаронида шавад». Ва сандуқи Худои Исроилро гузарониданд.

9 Ва чунин воқеъ шуд, ки баъд аз гузаронидани он, дасти Худованд дар ин шаҳр боиси даҳшати бузурге гардид, ва мардуми шаҳрро аз хурд то калон зарба зад, ва бар танашон обилаҳо пайдо шуд.

10 Ва сандуқи Худоро ба Эқрӯн фиристоданд, ва ҳангоме ки сандуқи Худо ба Эқрӯн расид, эқрӯниён фарьёд зада, гуфтанд: «Сандуқи Худои Исроилро назди мо гузаронидаанд, то ки мо ва қавми моро бикушанд!»

11 Ва фиристода, ҳамаи сарварони фалиштиёнро ҷамъ карда, гуфтанд: «Сандуқи Худои Исроилро равона кунед, то ки он ба макони худ баргардад, ва мо ва қавми моро накушад». Зеро ки дар тамоми шаҳр даҳшати ҳалокатоваре ҳукмфармо буд: дасти Худованд дар он ҷо бағоят гарон омада буд.

12 Ва касоне ки намурда буданд, ба обилаҳо гирифтор гардиданд, ва истиғосаи аҳли шаҳр то ба осмон баланд шуд.

6

БОБИ ШАШУМ

Сандуқ ба хонаи Еҳушаи байтшемешӣ меояд.

1 Ва сандуқи Худованд дар замини фалиштиён ҳафт моҳ монд.

2 Ва фалиштиён коҳинон ва ҷодугаронро даъват намуда, гуфтанд: «Бо сандуқи Худованд чӣ кунем? Ба мо бигӯед, ки онро ба маконаш чӣ гуна равона намоем?»

3 Онҳо гуфтанд: «Агар сандуқи Худои Исроилро равона мекарда бошед, онро холӣ равона накунед, балки қурбонии ҷурм барои Ӯ биёред; он гоҳ шифо хоҳед ёфт ва хоҳед донист, ки чаро дасти Ӯ аз шумо дур нашудааст».

4 Гуфтанд: «Чӣ гуна қурбонии ҷурм мо бояд барои Ӯ биёрем?» Онҳо гуфтанд: «Мувофиқи шумораи сарварони фалиштиён, панҷ обилаи тилло ва панҷ муши тилло биёред, зеро ки бар ҳамаи шумо ва бар сарварони шумо ҳамон як вабост.

5 Пас, суратҳои обилаҳои худ ва суратҳои мушҳои худро, ки заминро валангор мекунанд, бисозед, ва Худои Исроилро ҷалол диҳед; шояд Ӯ дасти Худро бар шумо ва бар худоёни шумо ва бар замини шумо нарм созад.

6 Чаро шумо дили худро сахт мекунед, чунон ки мисриён ва фиръавн дили худро сахт карданд? Охир, вақте ки Ӯ онҳоро ба балоҳо гирифтор кард, маҷбур шуда онҳоро ҷавоб доданд, ва онҳо рафтанд.

7 Ва алҳол зуд аробаи наве бисозед, ва ду модагови навзойро, ки юғ бар гарданашон монда нашуда бошад, бигиред, ва он модаговҳоро ба ароба бибандед, ва гӯсолаҳошонро аз онҳо ҷудо карда, ба хона баред.

8 Ва сандуқи Худовандро гирифта, бар ароба бимонед, ва колои тиллоро, ки ҳамчун қурбонии ҷурм барои Ӯ овардед, дар қуттие ба паҳлуи он бигузоред, ва онро равона кунед, то ки биравад.

9 Ва нигоҳ кунед: агар он бо роҳи ҳудуди худ сӯи Байт‐Шемеш равона шавад, бидонед, ки он ин балои азимро ба сари мо овардааст; вагар на, хоҳем донист, ки дасти Ӯ моро зарба назадааст, балки он чи ба мо рӯй дод, тасодуфӣ будааст».

10 Ва он мардум чунин карданд: ду модагови навзойро гирифта, ба ароба бастанд, ва гӯсолаҳошонро дар хона нигоҳ доштанд.

11 Ва сандуқи Худоро бо қуттии мушҳои тилло ва суратҳои обилаҳо бар ароба гузоштанд.

12 Ва модаговҳо рост, бо роҳи Байт‐Шемеш равона шуданд, бо ҳамин як роҳ мерафтанду моъ мезаданд, вале ба тарафи рост ё чап майл намекарданд; ва сарварони фалиштиён аз ақиби онҳо то ҳудуди Байт‐Шемеш рафтанд.

13 Ва аҳли Байт‐Шемеш дар водӣ гандум дарав мекарданд, ва чашмони худро баланд карда, сандуқро диданд, ва аз диданаш шод гаштанд.

14 Ва ароба ба киштзори Еҳушаи байтшемешӣ расида бозистод, ва дар он ҷо санги калоне буд; ва чуоҳои аробаро шикастанд, ва модаговҳоро қурбонии сӯхтанӣ барои Худованд бароварданд.

15 Ва левизодагон сандуқи Худованд ва қуттиеро, ки бо он буда, андарунаш колои тилло буд, фурӯд оварданд, ва бар санги калон гузоштанд; ва мардуми Байт‐Шемеш дар он рӯз барои Худованд қурбониҳои сӯхтанӣ бароварданд ва қурбониҳои саломатӣ забҳ карданд.

16 Ва панҷ сарвари фалиштиён инро диданд, ва ҳамон рӯз ба Эқрӯн баргаштанд.

17 Ва ин аст обилаҳои тилло, ки фалиштиён ҳамчун қурбонии ҷурм барои Худованд оварда буданд: барои Ашдӯд якто, барои Ғазза якто, барои Ашқалӯн якто, барои Ҷат якто, барои Эқрӯн якто.

18 Ва мушҳои тилло мувофиқи шумораи ҳамаи шаҳрҳои фалиштиён, ки ба он панҷ сарвар тааллуқ доштанд, буд, чи аз шаҳрҳои ҳисордор ва чи аз деҳоти беҳисор; ва он санги калон, ки сандуқи Худовандро бар он гузошта буданд, то имрӯз дар киштзори Еҳушаи байтшемешӣ боқист.

19 Ва мардуми Байт‐Шемешро, ки ба даруни сандуқи Худованд назар андохта буданд, зарба зад, ва аз миёни қавм ҳафтод нафарро зарба зад; ва қавм мотам гирифтанд, зеро ки Худованд қавмро зарбаи азиме зада буд.

20 Ва мардуми Байт‐Шемеш гуфтанд: «Кист, ки ба ҳузури Худованд, ба ҳузури ин Худои қуддус, битавонад истад? Ва Ӯ аз пеши мо назди кӣ хоҳад рафт?»

21 Ва қосидонро назди сокинони Қирьят‐Еорим фиристода, гуфтанд: «Фалиштиён сандуқи Худовандро баргардониданд; омада, онро назди худ бибаред».

7

БОБИ ҲАФТУМ

Сандуқ дар хонаи Аминодоб. Самуил — довар бар Исроил.

1 Ва мардуми Қирьят‐Еорим омада, сандуқи Худовандро бардошта бурданд, ва онро ба хонаи Аминодоб, ки дар Ҷибъо буд, дароварданд; ва писари ӯ Элъозорро тақдис карданд, то ки сандуқи Худовандро нигаҳбонӣ намояд.

2 Ва аз рӯзе ки сандуқ дар Қирьят‐Еорим сокин шуд, айёми зиёде мурур карда, бист сол гузашт, ва тамоми хонадони Исроил Худовандро ёд карданд.

3 Ва Самуил ба тамоми хонадони Исроил сухан ронда, гуфт: «Агар шумо бо тамоми дили худ сӯи Худованд руҷӯъ намуда, худоёни бегона ва Аштораҳоро аз миёни худ дур созед, ва дилҳои худро моил гардонида, танҳо Ӯро ибодат намоед, Ӯ шуморо аз дасти фалиштиён раҳо хоҳад кард».

4 Ва банӣ‐Исроил Баалҳо ва Аштораҳоро дур сохта, танҳо Худовандро ибодат карданд.

5 Ва Самуил гуфт: «Ҳамаи исроилиёнро дар Мисфо ҷамъ кунед, то ки дар бораи шумо назди Худованд дуо гӯям».

6 Ва онҳо дар Мисфо ҷамъ шуданд, ва об кашида, ба ҳузури Худованд рехтанд, ва дар он рӯз рӯза доштанд, ва дар он ҷо гуфтанд: «Мо ба ҳузури Худованд гуноҳ кардаем». Ва Самуил банӣ‐Исроилро дар Мисфо доварӣ намуд.

7 Ва чун фалиштиён шуниданд, ки банӣ‐Исроил дар Мисфо ҷамъ шудаанд, сарварони фалиштиён ба муқобили Исроил баромаданд; ва банӣ‐Исроил инро шунида, аз фалиштиён тарсиданд.

8 Ва банӣ‐Исроил ба Самуил гуфтанд: «Аз истиғоса бурдан дар ҳаққи мо сӯи Худованд Худои мо хомӯш набош, то ки Ӯ моро аз дасти фалиштиён наҷот диҳад».

9 Ва Самуил як барраи ширхорро гирифт, ва онро барои Худованд комилан қурбонии сӯхтанӣ баровард, ва Самуил барои Исроил сӯи Худованд истиғоса бурд, ва Худованд ӯро иҷобат намуд.

10 Ва ҳангоме ки Самуил қурбонии сӯхтанӣ мебаровард, фалиштиён омаданд, то ки бо Исроил ҷанг кунанд; ва дар он рӯз Худованд бо садои азиме бар фалиштиён гулдуррос зада, онҳоро ба даҳшат овард, ва онҳо пеши Исроил шикаст хӯрданд.

11 Ва мардуми Исроил аз Мисфо берун омада, фалиштиёнро таъқиб карданд, ва то даме ки ба Байт‐Кор расиданд, онҳоро зарба заданд.

12 Ва Самуил як сангро гирифта, дар миёни Мисфо ва Шен гузошт, ва онро Эбен‐Эзер+ 7:12 Санги мадад. номида, гуфт: «То ин ҷо Худованд ба мо мадад кард».

13 Ва фалиштиён мағлуб гардиданд, ва дигар ба ҳудуди Исроил надаромаданд; ва дар тамоми айёми Самуил дасти Худованд бар фалиштиён боло буд.

14 Ва шаҳрҳое ки фалиштиён аз Исроил гирифта буданд, аз Эқрӯн то Ҷат, ба Исроил баргардонида шуд, ва ҳудуди онҳоро Исроил аз дасти фалиштиён раҳо кард, ва дар байни Исроил ва амӯриён сулҳ шуд.

15 Ва Самуил тамоми айёми умри худ Исроилро доварӣ намуд.

16 Ва ӯ сол ба сол рафта, Байт‐Ил ва Ҷилҷол ва Мисфоро давр мезад, ва бар Исроил дар ҳамаи ин мавзеъҳо доварӣ менамуд.

17 Ва ба Ромо бармегашт, зеро ки дар он ҷо хонаи ӯ буд, ва дар он ҷо бар Исроил доварӣ менамуд, ва дар он ҷо барои Худованд қурбонгоҳ бино кард.

8

БОБИ ҲАШТУМ

Исроил подшоҳ металабад.

1 Ва ҳангоме ки Самуил пир шуд, писарони худро бар Исроил довар таъин намуд.

2 Ва номи писари нахустзодаи ӯ Юил буд, ва номи дуюмаш — Абиё; онҳо дар Беэр‐Шобаъ довар буданд.

3 Вале писарони ӯ бо роҳи ӯ рафтор нанамуданд, балки ба тамаъ моил гардида, ришва мехӯрданд ва дар доварӣ каҷкорӣ мекарданд.

4 Ва ҳамаи пирони Исроил ҷамъ шуда, назди Самуил ба Ромо омаданд.

5 Ва ба ӯ гуфтанд: «Инак, ту пир шудаӣ, ва писаронат бо роҳи ту рафтор намекунанд; акнун бар мо подшоҳе таъин намо, то ки бар мо, мисли халқҳои дигар, доварӣ кунад».

6 Ва ин гап ба назари Самуил бад намуд, вақте ки гуфтанд: «Ба мо подшоҳе бидеҳ, то ки бар мо подшоҳӣ кунад». Ва Самуил сӯи Худованд дуо гуфт.

Исроил ҳокимияти Худоро рад мекунад.

7 Ва Худованд ба Самуил гуфт: «Овози қавмро дар ҳар чи ба ту мегӯянд, бишнав, зеро ки онҳо туро рад накардаанд, балки Маро рад кардаанд, то ки бар онҳо подшоҳӣ накунам.

8 Мисли тамоми аъмоле ки онҳо аз рӯзи берун оварданам аз Миср то имрӯз ба ҷо оварданд, ва Маро тарк намуда, худоёни дигарро ибодат карданд, ончунон онҳо бо ту низ рафтор менамоянд.

9 Ва алҳол овози онҳоро бишнав; аммо ба таври қатъӣ онҳоро таъкид намо, ва аз таомули подшоҳе ки бар онҳо подшоҳӣ хоҳад кард, онҳоро оғоҳӣ бидеҳ».

10 Ва Самуил ҳамаи суханони Худовандро ба қавме ки аз ӯ подшоҳ металабиданд, баён намуд.

11 Ва гуфт: «Таомули подшоҳе ки бар шумо подшоҳӣ хоҳад кард, чунин аст: ӯ писарони шуморо гирифта, барои худ ба хизмати аробаҳо ва аҳли рикоби худ таъин хоҳад намуд, ва онҳо пешопеши аробаҳояш хоҳанд давид;

12 Ва аз онҳо барои худ мириҳазорҳо ва мирипанҷоҳҳо таъин хоҳад намуд; ва баъзеро ба рондани киштзораш, ба даравидани ҳосилоташ ва ба сохтани олоти ҷангаш ва асбоби аробаҳояш хоҳад баргумошт.

13 Ва духтарони шуморо барои атрсозӣ, ошпазӣ ва нонвоӣ хоҳад гирифт.

14 Ва беҳтарин киштзорҳо, токистонҳо ва боғҳои зайтуни шуморо гирифта, ба хизматгузорони худ хоҳад дод.

15 Ва аз ҳосили киштзорҳо ва токистонҳои шумо ушр гирифта, ба хоҷасароён ва хизматгузорони худ хоҳад дод.

16 Ва навкарони шуморо, ва канизони шуморо, ва беҳтарин ҷавонони шуморо, ва харони шуморо гирифта, барои корҳои худ истифода хоҳад бурд.

17 Ва ушри бузу гӯсфандони шуморо хоҳад гирифт; ва худи шумо бандагони ӯ хоҳед буд.

18 Ва дар он рӯз аз дасти подшоҳи худ, ки барои худ интихоб намудаед, ба дод хоҳед омад; ва Худованд шуморо дар он рӯз иҷобат нахоҳад кард».

19 Валекин қавм аз шунидани овози Самуил сар тофта, гуфтанд: «Не, бигзор бар мо подшоҳе бошад,

20 Ва мо низ мисли ҳамаи халқҳо хоҳем буд, ва подшоҳамон бар мо доварӣ хоҳад намуд, ва пешопеши мо баромада, ҷангҳои моро хоҳад бурд».

21 Ва Самуил ҳамаи суханони қавмро шунида, онҳоро ба самъи Худованд расонид.

22 Ва Худованд ба Самуил гуфт: «Овози онҳоро бишнав ва подшоҳе бар онҳо таъин намо». Ва Самуил ба мардуми Исроил гуфт: «Ҳар яке ба шаҳри худ биравед».

9

БОБИ НӮҲУМ

Ба подшоҳӣ интихоб шудани Шоул.

1 Ва марде аз мулки Биньёмин буд, ва номаш Қиш ибни Абиил, ибни Сарур, ибни Бакурат, ибни Афиҳа буда, писари як шахси биньёминӣ ва ҷанговари далере буд.

2 Ва ӯ писаре дошт, ки номаш Шоул буд, ва ҷавони ба назар намоён ва хубсимое буд, ва дар миёни банӣ‐Исроил касе аз ӯ хубсимотар набуд; ӯ хушқаду қомат буда, аз тамоми қавм як сару гардан баланд буд.

3 Ва модахарҳои Қиш, падари Шоул, гум шуд, ва Қиш ба писараш Шоул гуфт: «Лутфан, яке аз навкаронро ҳамроҳи худ бигир ва бархоста, барои ҷустуҷӯи модахарҳо бирав».

4 Ва ӯ кӯҳи Эфроимро тай намуд, ва замини Шолишоро тай намуд, валекин наёфтанд; ва замини Шаалимро тай карданд, вале набуд, ва замини Биньёминро тай намуд, валекин наёфтанд.

5 Вақте ки онҳо ба замини Суф расиданд, Шоул ба навкараш, ки бо ӯ буд, гуфт: «Биё, баргардем, мабодо падарам аз баҳри модахарҳо гузашта, ғами моро бихӯрад».

6 Вале вай ба ӯ гуфт: «Инак, лутфан, марди Худо дар ин шаҳр ҳаст, ва ӯ марди мӯҳтарам аст; ҳар чи ӯ бигӯяд, ҳамеша ба амал меояд; алҳол ба он ҷо биравем; ӯ, шояд, роҳеро, ки бояд бо он биравем, ба мо нишон диҳад».

7 Ва Шоул ба навкараш гуфт: «Инак, агар биравем, ба он мард чӣ чизе бибарем? Зеро ки ноне дар тӯрбаҳои мо боқӣ намондааст, ва савғоте нест, ки ба марди Худо биёрем; пас, чӣ чизе дорем?»

8 Ва он навкар боз ба Шоул ҷавоб гардонида, гуфт: «Инак, дар дастам чорьяк сиқл нуқра ҳаст; ва онро ба марди Худо медиҳам, то ки роҳи моро ба мо нишон диҳад».

9 Дар замони қадим агар касе дар Исроил барои пурсидан аз Худо мерафт, чунин мегуфт: «Биёед, назди пешбин биравем». Зеро ки набии имрӯза дар замони қадим пешбин номида мешуд.

10 Ва Шоул ба навкараш гуфт: «Суханат хуб аст, биё, биравем». Ва онҳо ба шаҳре ки дар он ҷо марди Худо буд, рафтанд.

11 Ҳангоме ки онҳо ба фарози шаҳр боло мебаромаданд, ба духтароне вохӯрданд, ки барои об кашидан берун мерафтанд; ва ба онҳо гуфтанд: «Оё пешбин дар ин ҷост?»

12 Дар ҷавоб онҳо гуфтанд: «Оре, инак ӯ пеши туст; алҳол шитоб намо, зеро ки ӯ имрӯз ба шаҳр омадааст, чунки қавм имрӯз бар баландӣ қурбонӣ мекунанд.

13 Ҳамин ки ба шаҳр даромадед, пеш аз он ки ӯ барои хӯрок хӯрдан ба баландӣ барояд, ӯро биёбед, зеро ки қавм то омадани ӯ хӯрок намехӯранд, чунки ӯ қурбониро баракат медиҳад, ва баъд аз он даъватшудагон хӯрок мехӯранд; ва алҳол бароед, зеро ки ҳоло ӯро метавонед биёбед».

14 Ва онҳо сӯи шаҳр баромаданд; ҳангоме ки онҳо ба даруни шаҳр дохил мешуданд, инак Самуил ба пешвози онҳо берун омад, то ки ба баландӣ барояд.

15 Ва Худованд, як рӯз пеш аз омадани Шоул, гӯшраси Самуил карда, гуфта буд:

16 «Фардо дар ҳамин вақт Ман шахсеро аз замини Биньёмин назди ту мефиристам, ва ту ӯро тадҳин намо, то ки бар қавми Ман Исроил раис бошад ва қавми Маро аз дасти фалиштиён наҷот диҳад; зеро ки ба қавми Худ назар кардаам, чунки истиғосаи онхо ба Ман расидааст».

17 Ва ҳангоме ки Самуил Шоулро дид, Худованд ба ӯ гуфт: «Ин аст шахсе ки дар борааш ба ту гуфтам: „ӯ қавми Маро идора хоҳад кард“».

18 Ва Шоул андаруни дарвоза ба Самуил наздик омада, гуфт: «Лутфан, ба ман бигӯ, ки хонаи пешбин куҷост?»

19 Ва Самуил ба Шоул ҷавоб гардонида, гуфт: «Ман пешбин ҳастам, пешопеши ман ба баландӣ баро, ва шумо имрӯз бо ман хӯрок хоҳед хӯрд; ва бомдодон туро равона намуда, ҳар он чи дар дилат ҳаст, ба ту хоҳам гуфт;

20 Ва дар бораи модахарҳоят, ки се рӯз пеш аз ин гум шудааст, ғам нахӯр, зеро ки ёфт шудааст; ва тамоми нозу неъмати Исроил барои кист? Он, охир, барои туст ва барои тамоми хонадони падари туст».

21 Ва Шоул ҷавоб гардонида, гуфт: «Ман, охир, биньёминӣ, яъне аз хурдтарини сибтҳои Исроил ҳастам, ва қабилаи ман аз ҳамаи қабилаҳои сибти Биньёмин хурдтар аст; пас чаро чунин сухане ба ман мегӯӣ?»

22 Ва Самуил Шоул ва навкари ӯро гирифта, ба хона даровард, ва ба онҳо дар сари даъватшудагон, ки қариб сӣ нафар буданд, ҷо дод.

23 Ва Самуил ба таббох гуфт: «Ҳиссаеро, ки ба ту додаам ва дар бораи он ба ту гуфтаам, ки пеши худ нигоҳ дорӣ, биёр».

24 Ва таббох ронро бо ҳар чи бар он буд, бардошта пеши Шоул гузошт ва гуфт: «Инак, он чи нигоҳ дошта шуда буд, пеши ту гузошта шуд; бихӯр, зеро ки он барои ту то ҳамин дам нигоҳ дошта шудааст, аз вақте ки гуфтам: „Қавмро даъват намудаам“». Ва Шоул дар он рӯз бо Самуил хӯрок хӯрд.

25 Ва онҳо аз баландӣ ба шаҳр фурӯд омаданд; ва бар болои бом ӯ бо Шоул гуфтугӯ кард.

26 Ва онҳо бармаҳал бархостанд, ва баробари дамидани шафақи субҳ Самуил Шоулро ба болои бом даъват намуда, гуфт: «Бархез, то ки туро равона кунам». Ва Шоул бархост, ва ҳар дуяшон, ӯ ва Самуил, берун рафтанд.

27 Ҳангоме ки онҳо ба канори шаҳр фурӯд омаданд, Самуил ба Шоул гуфт: «Ба навкар бигӯ, ки аз мо пеш гузарад. — Вай пеш гузашт. — Ва алҳол ту биист, то ки каломи Худоро ба ту бишнавонам».

10

БОБИ ДАҲУМ

Самуил Шоулро тадҳин намуд.

1 Ва Самуил зарфи равғанро гирифта, бар сари ӯ рехт ва ӯро бӯсида, гуфт: «Инак, Худованд туро бар мероси Худ тадҳин намуд, то ки раиси он бошӣ.

2 Имрӯз, вақте ки аз пеши ман меравӣ, назди қабри Роҳел, дар худуди Биньёмин, дар Селсаҳ, ба ду одам дучор хоҳӣ омад, ва онҳо ба ту хоҳанд гуфт: „Модахарҳо, ки барои ҷустуҷӯяшон рафта будӣ, ёфт шудааст, ва инак падарат масъалаи модахарҳоро аз хотир бароварда, ғами шуморо мехӯраду мегӯяд: «Дар хусуси писарам чӣ кунам?»

3 Ва аз он ҷо зуд гузашта рафта, ба булути Тобӯр хоҳӣ расид, ва дар он ҷо ба ту се мард дучор хоҳанд омад, ки сӯи Худо ба Байт‐Ил мераванд; яке аз онҳо се бузғоларо бардошта мебарад, дигаре се қурси нонро бардошта мебарад, ва сеюмӣ машки шаробро бардошта мебарад.

4 Ва онҳо саломатии туро хоҳанд пурсид, ва ду нон ба ту хоҳанд дод, ки аз дасташон хоҳӣ гирифт.

5 Пас аз он ту ба Ҷибъои Худо хоҳӣ омад, ки дар он ҷо фавҷи фалиштиён ҳастанд; ва ҳангоме ки дар он ҷо ба шаҳр дароӣ, ба дастаи анбиё дучор хоҳӣ омад, ки аз баландӣ фурӯд меоянд, ва пешопеши онҳо уд ва даф ва най ва барбат ҳаст, ва онҳо нубувват мекунанд.

6 Ва Рӯҳи Худованд бар ту нозил шуда, бо онҳо нубувват хоҳӣ кард, ва ту шахси дигаре хоҳӣ гардид.

7 Ва ҳангоме ки ин аломатҳо бо ту рӯй диҳад, ҳар он чи аз дастат ояд, бикун, зеро ки Худо бо туст.

8 Ва пеш аз ман ба Ҷилҷол фурӯд ой, ва инак ман назди ту фурӯд хоҳам омад, то ки қурбониҳои сӯхтанӣ биёрам, ва қурбониҳои саломатӣ забҳ намоям; ҳафт рӯз мунтазир бош, то ки назди ту биёям, ва он гоҳ туро огоҳ хоҳам намуд, ки чӣ бояд бикунӣ“».

9 Ва чун ӯ пушти худро гардонид, то ки аз пеши Самуил биравад, Худо ба ӯ дили дигаре бахшид; ва ҳамаи он аломатҳо дар он рӯз ба амал омад.

10 Ва ҳангоме ки онҳо ба тал расиданд, инак дастаи анбиё ба пешвози ӯ пайдо шуданд; ва Рӯҳи Худованд бар ӯ нозил шуд, ва ӯ дар миёни онҳо нубувват намуд.

11 Ва ҳамаи онҳое ки пеш аз ин ӯро мешинохтанд, чун диданд, ки инак ӯ бо анбиё нубувват менамояд, дар миёни қавм ба ҳамдигар гуфтанд: «Ба писари Қиш чӣ ҳодиса рӯй додааст? Оё Шоул низ аз ҷумлаи анбиёст?»

12 Ва яке аз касони он ҷо ҷавоб гардонида, гуфт: «Пас, падари онҳо кист?» Бинобар ин мақоле пайдо шуд: «Оё Шоул низ аз ҷумлаи анбиёст?»

13 Ва ӯ аз нубувват кардан фориғ шуда, ба болои баландӣ баромад.

14 Ва амаки Шоул ба ӯ ва навкари ӯ гуфт: «Куҷо рафта будед?» Ӯ гуфт: «Барои кофта ёфтани модахарҳо, вале чун дидем, ки нестанд, пеши Самуил даромадем».

15 Ва амаки Шоул гуфт: «Лутфан, ба ман ҳикоят кун, ки Самуил ба шумо чӣ гуфт?»

16 Ва Шоул ба амаки худ гуфт: «Ӯ ба мо хабар дод, ки модахарҳо ёфт шудааст». Вале дар бораи масъалаи подшоҳӣ, ки Самуил гуфта буд, ба вай хабар надод.

17 Ва Самуил қавмро сӯи Худованд ба Мисфо даъват намуд.

18 Ва ба банӣ‐Исроил гуфт: «Худованд Худои Исроил чунин мегӯяд: „Ман Исроилро аз Миср берун овардам; ва шуморо аз дасти мисриён ва аз дасти ҳамаи мамлакатҳое ки шуморо ба танг меоварданд, раҳо кардам“.

19 Ва шумо имрӯз Худои худро, ки шуморо аз ҳамаи тангиҳо ва мусибатҳои шумо наҷот медиҳад, рад намуда, ба Ӯ гуфтед: „Подшоҳе бар мо таъин намо“. Ва алҳол мувофиқи сибтҳо ва қабилаҳои худ ба ҳузури Худованд ҳозир шавед».

20 Ва Самуил ҳамаи сибтҳои Исроилро барои қуръа наздик овард; ва қуръа ба сибти Биньёмин афтод.

21 Ва сибти Биньёминро мувофиқи қабилаҳои он наздик овард, ва қуръа ба қабилаи Матрӣ афтод; ва қуръа ба Шоул ибни Қиш афтод; ва ӯро ҷустуҷӯ карданд, вале наёфтанд.

22 Ва бори дигар аз Худо пурсиданд: «Оё боз марде ба ин ҷо хоҳад омад?» Ва Худованд гуфт: «Инак, ӯ андаруни ашьё пинҳон шудааст».

23 Ва онҳо давида, ӯро аз он ҷо гирифтанд, ва ӯ дар миёни қавм биистод, ва аз тамоми қавм як сару гардан баланд буд.

24 Ва Самуил ба тамоми қавм гуфт: «Оё шумо мебинед, ки Худованд киро интихоб намудааст? Зеро ки дар тамоми қавм касе мисли ӯ нест». Ва тамоми қавм нидо карда, гуфтанд: «Зинда бод подшоҳ!»

25 Ва Самуил таомули подшоҳиро ба қавм баён намуда, дар китобе навишт, ва онро пеши Худованд гузошт; ва Самуил тамоми қавмро равона кард, то ки ҳар яке ба хонаи худ биравад.

26 Ва Шоул низ ба хонаи худ ба Ҷибъо рафт; ва мардуми адолатпеша, ки тарси Худо дар дилашон ҷойгир буд, ҳамроҳи ӯ рафтанд.

27 Валекин мардуми сафил гуфтанд: «Оё ин одам метавонад моро наҷот диҳад?» Ва ӯро хор дида, ҳадияе барояш наоварданд; вале ӯ худро ба нофаҳмӣ зад.

11

БОБИ ЁЗДАҲУМ

Ғалабаи Шоул назди Ёбиш‐Ҷилъод.

1 Ва Ноҳоши аммӯнӣ баромада, назди Ёбиш‐Ҷилъод ӯрду зад; ва тамоми мардуми Ёбиш ба Ноҳош гуфтанд: «Бо мо аҳд бибанд, ва мо хизмати туро ба ҷо хоҳем овард».

2 Ва Ноҳоши аммӯнӣ ба онҳо гуфт: «Бо чунин шарт бо шумо аҳд хоҳам баст, ки чашми рости ҳар яке аз шумо канда шавад; ва шуморо нанге бар тамоми Исроил хоҳам гардонид».

3 Ва пирони Ёбиш ба ӯ гуфтанд: «Ба мо ҳафт рӯз мӯҳлат бидеҳ, то ки ба тамоми ҳудуди Исроил қосидон бифиристем, ва агар наҷотдиҳандае барои мо ёфт нашавад, пеши ту берун хоҳем омад».

4 Ва қосидон ба Ҷибъои Шоул омада, ин суханонро ба гӯши қавм расониданд; ва тамоми қавм овози худро баланд карда, гиристанд.

5 Ва инак, Шоул дар ақиби говон аз саҳро омад, ва Шоул гуфт: «Қавмро чӣ шудааст, ки мегирьянд?» Ва суханони мардуми Ёбишро ба ӯ ҳикоят карданд.

6 Ва ҳангоме ки Шоул ин суханонро шунид, Рӯҳи Худо бар ӯ нозил шуд, ва ғазабаш бағоят аланга зад.

7 Ва ҷуфти говонро гирифта, пора‐пора кард, ва ба воситаи қосидон ба тамоми ҳудуди Исроил фиристода, гуфт: «Касе ки аз паи Шоул ва аз паи Самуил берун наояд, ба говонаш ҳамин тавр карда хоҳад шуд». Ва тарси Худованд бар қавм афтод, ва ҳама мисли як тан берун омаданд.

8 Ва ӯ онҳоро дар Бозақ шумурд, ва банӣ‐Исроил сесад ҳазор, ва мардуми Яҳудо сӣ ҳазор буданд.

9 Ва ба қосидоне ки омада буданд, гуфтанд: «Ба мардуми Ёбиш‐Ҷилъод чунин бигӯед: „Фардо, дар вақти гармии офтоб, барои шумо наҷот хоҳад омад“» Ва қосидон омада, ба мардуми Ёбиш хабар доданд, ва онҳо шодӣ карданд.

10 Ва мардуми Ёбиш гуфтанд: «Фардо пеши шумо берун хоҳем омад, ва ҳар чи дар назаратон писанд ояд, бо мо бикунед».

11 Ва фардояш чунин воқеъ шуд, ки Шоул қавмро ба се фавҷ тақсим намуд, ва онҳо дар поси саҳарӣ ба даруни ӯрдугоҳ омаданд, ва то вақти гармии офтоб аммӯниёнро торумор карданд; ва бақияи онҳо пароканда шуданд, ба тавре ки ду нафар аз онҳо дар як ҷо намонданд.

12 Ва қавм ба Самуил гуфтанд: «Кист, ки гуфтааст: „Наход ки Шоул бар мо подшоҳӣ кунад?“ Он касонро бидиҳед, ва мо онҳоро хоҳем кушт».

13 Вале Шоул гуфт: «Касе имрӯз кушта нахоҳад шуд, зеро ки имрӯз Худованд барои Исроил наҷот ба амал овард».

14 Ва Самуил ба қавм гуфт: «Биёед, ба Ҷилҷол биравем, ва салтанатро дар он ҷо аз нав барқарор намоем».

15 Ва тамоми қавм ба Ҷилҷол рафтанд, ва дар он ҷо Шоулро ба ҳузури Худованд дар Ҷилҷол подшоҳ таъин намуданд, ва дар он ҷо ба ҳузури Худованд қурбониҳои саломатӣ забҳ карданд, ва дар он ҷо Шоул ва тамоми мардуми Исроил ниҳоятдараҷа шод гардиданд.

12

БОБИ ДУВОЗДАҲУМ

Самуил унвони доварро аз гардани худ соқит мекунад.

1 Ва Самуил ба тамоми Исроил гуфт: «Инак, ман овози шуморо дар ҳар чи ба ман гуфтед, шунидам, ва подшоҳе бар шумо таъин намудам.

2 Ва алҳол, инак подшоҳ пешопеши шумо роҳ меравад. Ва ман пир ва мӯйсафед шудаам, ва писарони ман бо шумо мебошанд. Ва ман аз ҷавонии худ то имрӯз пешопеши шумо роҳ мерафтам.

3 Инак ман ҳозирам; пас ба ҳузури Худованд ва пеши масеҳи Ӯ дар ҳаққи ман шаҳодат диҳед, ки гови киро гирифтаам, ва хари киро гирифтаам, ва киро ранҷонидаам, ва киро ба танг овардаам, ва аз дасти кӣ ришва гирифта, аз вай чашм пӯшидаам, — ва ман ба шумо талофӣ хоҳам дод».

4 Ва онҳо гуфтанд: «Ту моро наранҷонидаӣ, ва ба танг наовардаӣ, ва чизе аз дасти касе нагирифтаӣ».

5 Ва ӯ ба онҳо гуфт: «Худованд бар шумо шоҳид аст, ва масеҳи Ӯ имрӯз шоҳид аст, ки шумо чизе дар дасти ман наёфтаед». Ва онҳо гуфтанд: «Шоҳид аст».

6 Ва Самуил ба қавм гуфт: «Худованд аст, ки Мусо ва Ҳорунро баргузид, ва падарони шуморо аз замини Миср баровард.

7 Ва акнун ҳозир шавед, то ки бо шумо ба ҳузури Худованд дар бораи ҳамаи некиҳое ки Худованд ба шумо ва ба падарони шумо кардааст, муҳокима намоям.

8 Вақте ки Яъқуб ба Миср омад, ва падарони шумо сӯи Худованд истиғоса бурданд, Худованд Мусо ва Ҳорунро фиристод, ва онҳо падарони шуморо аз Миср берун оварда, дар ин макон онҳоро ҷойгир карданд.

9 Валекин онҳо Худованд Худои худро фаромӯш карданд, ва Ӯ онҳоро ба дасти Сисро, сарлашкари Ҳосӯр, ва ба дасти фалиштиён, ва ба дасти подшоҳи Мӯоб супурд, ки ба муқобили онҳо ҷанг карданд.

10 Ва онҳо сӯи Худованд фарьёд зада, гуфтанд: „Гуноҳ кардаем, зеро ки Худовандро тарк карда, Баалҳо ва Аштораҳоро ибодат намудаем, ва алҳол моро аз дасти душманони мо раҳоӣ деҳ, ва мо Туро ибодат хоҳем намуд“.

11 Ва Худованд Ерубаал ва Бадон ва Йифтоҳ ва Самуилро фиристод, ва шуморо аз дасти душманонатон, ки дар гирду пешатон буданд, раҳо кард, ва шумо дар амният сукунат намудед.

12 Ва чун дидед, ки Ноҳош, подшоҳи банӣ‐Аммӯн, ба муқобили шумо меояд, ба ман гуфтед: „Не, бигзор подшоҳе бар мо подшоҳӣ кунад“, ва ҳол он ки Худованд Худои шумо подшоҳи шумост.

13 Ва алҳол, инак подшоҳе ки интихоб намудед ва ӯро талабидед; ва инак Худованд бар шумо подшоҳе таъин намудааст.

14 Агар аз Худованд тарсида, Ӯро ибодат намоед ва овозашро бишнавед, ва ба фармони Худованд зиддият нишон надиҳед, он гоҳ ҳам худатон ва ҳам подшоҳатон, ки бар шумо подшоҳӣ мекунад, дар паноҳи Худованд Худои худ хоҳед буд.

15 Валекин агар овози Худовандро нашнавед ва ба фармони Худованд зиддият нишон диҳед, он гоҳ Худованд бар зидди шумо хоҳад буд, чунон ки бар зидди падарони шумо буд.

Бар тибқи дуои Самуил Худованд раъд ва борон мефиристад.

16 Низ алҳол биистед ва ин кори бузургро, ки Худованд дар пеши назари шумо ба ҷо меоварад, бубинед.

17 Имрӯз, охир, мавсими даравидани гандум аст, вале ман сӯи Худованд хоҳам хонд, ва Ӯ раъд ва борон хоҳад фиристод, то шумо бидонед ва бубинед, ки чӣ гуна гуноҳи азиме пеши назари Худованд ба амал овардаед, вақте ки барои худ подшоҳ талабидаед».

18 Ва Самуил сӯи Худованд хонд, ва Худованд дар он рӯз раъд ва борон фиристод, ва тамоми қавм аз Худованд ва аз Самуил бағоят тарсиданд.

19 Ва тамоми қавм ба Самуил гуфтанд: «Барои бандагонат сӯи Худованд Худои худ дуо бигӯй, то ки намирем, зеро ки мо бар ҳамаи гуноҳҳои худ боз шарорате зам намудаем, вақте ки барои худ подшоҳ талабидаем».

20 Ва Самуил ба қавм гуфт: «Натарсед, агарчи шумо ин шароратро ба амал овардаед, лекин аз пайравии Худованд дур нашавед, балки бо тамоми дили худ Худовандро ибодат намоед.

21 Ба ҳеҷ ваҷҳ дур нашавед, вагар на, чизҳои ҳеҷу пучро пайравӣ хоҳед намуд, ки онҳо бефоида аст ва раҳо нахоҳад кард, чунки онҳо ҳеҷу пуч аст.

22 Аммо Худованд ба хотири исми бузурги Худ қавми Худро тарк нахоҳад кард, зеро Худованд азм намудааст, ки шуморо барои худ қавм гардонад.

23 Худи ман низ, ҳошо ки ман ба ҳузури Худованд чунин гуноҳро ба худ раво бинам, ки барои шумо дуо гуфтанро тарк намоям, балки шуморо ба роҳи нек ва рост ҳидоят хоҳам кард.

24 Фақат аз Худо битарсед, ва Ӯро ба ростӣ бо тамоми дили худ ибодат намоед, зеро бубинед, ки чӣ гуна корҳои бузург Ӯ барои шумо кардааст.

25 Валекин агар ба шарорат дода шавед, ҳам худатон ва ҳам подшоҳатон ба ҳалокат хоҳед расид».

13

БОБИ СЕЗДАҲУМ

Худсарии Шоул.

1 Шоул (сӣ) — сола буд, ки подшоҳ шуд, ва чун ду сол бар Исроил подшоҳӣ кард,

2 Шоул барои худ се ҳазор нафар аз исроилиён интихоб намуд, ки ду ҳазор нафари онҳо бо Шоул дар Михмос ва дар кӯҳи Байт‐Ил буданд, ва ҳазор нафарашон бо Йӯнотон дар Ҷибъои Биньёмин буданд; ва бақияи қавмро ӯ фиристод, то ки ҳар яке ба хаймаи худ биравад.

3 Ва Йӯнотон ба фавҷи фалиштиёне ки дар Ҷибъо буданд, шикаст расонид, ва фалиштиён инро шуниданд; ва Шоул дар тамоми замин шох навохта, гуфт: «Эй ибриён, бишнавед!»

4 Ва чун тамоми Исроил шуниданд, ки Шоул ба фавҷи фалиштиён зарба расонидааст, ва Исроил дар назари фалиштиён нафратангез гардидаанд, — қавм назди Шоул дар Ҷилҷол ҷамъ омаданд,

5 Ва фалиштиён барои ҷанг кардан ба муқобили Исроил ҷамъ шуданд, ки сӣ ҳазор ароба, ва шаш ҳазор савора, ва қавми сершуморе мисли реги соҳили баҳр доштанд; ва онҳо омада, дар Михмос, ба тарафи шарқии Байт‐Овин ӯрду заданд.

6 Ва мардуми Исроил диданд, ки аҳволашон табоҳ шудааст, зеро ки қавм ба танг омадаанд. Ва қавм дар мағораҳо, ва дар сӯрохҳо, ва дар миёни сахраҳо, ва дар бурҷҳо, ва дар ҳафраҳо пинҳон шуданд;

7 Ва баъзе аз ибриён аз Урдун гузашта, ба замини Ҷод ва Ҷилъод омаданд; ва Шоул ҳанӯз дар Ҷилҷол буд, ва тамоми қавм бо тарсу ларз назди ӯ шитофтанд.

8 Ва ҳафт рӯз, то мӯҳлате ки Самуил таъин намуда буд, интизорӣ кашиданд, вале Самуил ба Ҷилҷол наомад; ва қавм аз пеши Шоул пароканда мешуданд.

9 Ва Шоул гуфт: «Курбонии сӯхтанӣ ва қурбониҳои саломатиро назди ман биёред!» Ва қурбонии сӯхтаниро баровард.

10 Ва ҳамин ки баровардани қурбонии сӯхтаниро анҷом дод, инак, Самуил омад; ва Шоул ба пешвози ӯ баромад, то ки ӯро табрик намояд.

Худованд Шоулро рад мекунад.

11 Ва Самуил гуфт: «Чӣ кардӣ?» Ва Шоул гуфт: «Чун дидам, ки қавм аз пеши ман пароканда мешаванд, ва ту дар мӯҳлати таъиншуда наомадӣ, ва фалиштиён дар Михмос ҷамъ шудаанд, —

12 Ба дили худ гуфтам, ки алҳол фалиштиён ба муқобили ман дар Ҷилҷол фурӯд хоҳанд омад, дар сурате ки ман ҳанӯз ба ҳузури Худованд илтиҷо набурдаам, бинобар ин ман ҷуръат намуда, қурбонии сӯхтаниро баровардам».

13 Ва Самуил ба Шоул гуфт: «Беақлона амал кардаӣ! Ҳукми Худованд Худои худро, ки Ӯ ба ту амр фармудааст, ба ҷо наовардаӣ, ва ҳол он ки алҳол Худованд подшоҳии туро бар Исроил то абад устувор мегардонид;

14 Вале алҳол подшоҳии ту устувор нахоҳад гардид: Худованд барои Худ шахси дигарро ба муддаои табъи Худ хоҳад талабид, ва ӯро Худованд бар қавми Худ раис таъин хоҳад кард, зеро ки ту он чиро, ки Худованд ба ту амр фармуда буд, ба ҷо наовардаӣ».

15 Ва Самуил бархоста, аз Ҷилҷол ба Ҷибъои Биньёмин омад; ва Шоул қавмеро, ки ҳамроҳаш буданд, шумурд, ки тақрибан шашсад нафар боқӣ монда буданд.

16 Ва Шоул ва писараш Йӯнотон, ва қавме ки бо онҳо буданд, дар Ҷибъои Биньёмин ҷойгир шуданд; ва фалиштиён дар Михмос ӯрду заданд.

17 Ва харобкунандагон аз ӯрдуи фалиштиён се фавҷ берун омаданд: як фавҷ ба роҳи Офро, сӯи замини Шоул равона шуданд;

18 Ва фавҷи дигар ба роҳи Байт‐Ҳӯрӯн равона шуданд; ва як фавҷ ба роҳи сарҳад, ки бар дараи Сабӯим сӯи биёбон намудор буд, равона шуданд.

19 Ва дар тамоми замини Исроил оҳангаре ёфт намешуд, зеро ки фалиштиён мегуфтанд: «Мабодо ибриён шамшере ё найзае бисозанд».

20 Ва ҳамаи исроилиён назди фалиштиён фурӯд меомаданд, то ки ҳар яке говоҳани худ ва каланди худ ва табари худ ва зоғнӯли худро тез кунанд.

21 Вале барои зоғнӯлҳо ва каландҳо ва сешохаҳо ва табарҳо ва тез кардани неши халачӯбҳо сӯҳон доштанд.

22 Ва дар рӯзи ҷанг дар дасти тамоми қавме ки бо Шоул ва Йӯнотон буданд, шамшер ва найзае ёфт нашуд; фақат дар дасти Шоул ва писараш Йӯнотон ёфт шуд.

23 Ва дастаи посбонони фалиштӣ ба самти гузаргоҳи Михмос берун омаданд.

14

БОБИ ЧОРДАҲУМ

Ғалабаи бузурги Йӯнотон.

1 Ва рӯзе Йӯнотон ибни Шоул ба навкари силоҳбардори худ гуфт: «Биё, сӯи дастаи посбонони фалиштӣ, ки дар он тараф ҳастанд, убур намоем». Валекин ба падари худ хабар надод.

2 Ва Шоул дар канори Ҷибъо, зери дарахти аноре ки дар Мигрӯн буд, сукунат дошт; ва қавме ки бо ӯ буданд, тақрибан шашсад нафар буданд.

3 Ва Аҳиё ибни Аҳитуб, бародари Ихобӯд ибни Финҳос, ибни Элӣ, ки коҳини Худованд дар Шилӯ буд, эфӯд дар бар карда буд; ва қавм намедонистанд, ки Йӯнотон рафтааст.

4 Ва дар миёни гузаргоҳҳое ки Йӯнотон мехост аз онҳо сӯи дастаи посбонони фалиштӣ убур намояд, як сахраи нӯгтез аз ин тараф ва як сахраи нӯгтез аз он тараф буд, ва номи яке Бӯсес ва номи дигаре Сене буд.

5 Як сахраи нӯгтез аз шимол дар рӯ ба рӯи Михмос қомат рост карда буд, ва сахраи дигар — аз ҷануб дар рӯ ба рӯи Ҷибъо.

6 Ва Йӯнотон ба навкари силоҳбардори худ гуфт: «Биё, сӯи дастаи посбонони ин номахтунон убур намоем, шояд Худованд ба мо ёварӣ кунад, зеро ки барои Худованд ҳеҷ монеае нест, ки ба воситаи касони бисьёр ё ба воситаи касони кам наҷот бахшад».

7 Ва силоҳбардораш ба ӯ гуфт: «Ҳар он чи дар дилат ҳаст, бикун; ба ҳар ҷо, ки майл дорӣ, бирав; инак ман мувофиқи дилхоҳи ту бо ту ҳастам».

8 Ва Йӯнотон гуфт: «Инак, мо сӯи ин одамон убур намуда, худро ба онҳо нишон медиҳем.

9 Агар онҳо чунин гӯянд: „Биистед, то ки назди шумо бирасем“, — он гох мо дар ҷои худ истода, пеши онҳо нахоҳем баромад.

10 Валекин агар чунин гӯянд: „Пеши мо бароед“, — он гоҳ мо хоҳем баромад, зеро ки Худованд онҳоро ба дасти мо супурдааст; ва ин барои мо аломат хоҳад буд».

11 Ва ҳар дуяшон худро ба дастаи посбонони фалиштӣ нишон доданд, ва фалиштиён гуфтанд: «Инак, ибриён аз сӯрохҳое ки дар онҳо пинҳон шудаанд, берун меоянд».

12 Ва баъзе аз дастаи посбонон ба Йӯнотон ва силоҳбардораш гуфтанд: «Пеши мо бароед, то ки чизе ба шумо нишон диҳем». Ва Йӯнотон ба силоҳбардори худ гуфт: «Аз ақибам баро, зеро ки Худованд онҳоро ба дасти Исроил супурдааст».

13 Ва Йӯнотон бо дастҳо ва поҳояш андармон шуда боло баромад, ва силоҳбардораш аз ақибаш. Ва онҳо пеши Йӯнотон афтодан гирифтанд, ва силоҳбардори ӯ онҳоро аз паи ӯ мекушт.

14 Ва аз ин зарбаи аввалине ки Йӯнотон ва силоҳбардораш расониданд, қариб бист нафар талаф шуданд, дар нисфи майдоне ки як ҷуфт гов дар як рӯз шудгор мекунад.

15 Ва дар ӯрдугоҳ ва саҳро, ва дар миёни тамоми қавм даҳшат ҳукмфармо шуд: дастаи посбонон ва фавҷҳои харобкунандагон низ дар даҳшат афтоданд, ва замин ба ларза омад, ва даҳшати азиме аз ҷониби Худо ҳамаро фаро гирифт.

16 Ва дидбонони Шоул дар Ҷибъои Биньёмин диданд, ки инак, анбӯҳ пароканда шуда, ба ҳар тараф медаванд.

17 Ва Шоул ба қавме ки бо ӯ буданд, гуфт: «Саршуморӣ карда, бубинед, ки аз миёни мо кӣ берун рафтааст?» Ва саршуморӣ карданд, ва инак Йӯнотон ва силоҳбардораш нестанд.

18 Ва Шоул ба Аҳиё гуфт: «Сандуқи Худоро наздик биёр». Зеро ки сандуқи Худованд дар он рӯз ҳамроҳи банӣ‐Исроил буд.

19 Ва ҳангоме ки Шоул ба коҳин сухан меронд, шӯру шағаб дар ӯрдуи фалиштиён торафт меафзуд, ва Шоул ба коҳин гуфт: «Дастатро нигоҳ дор».

20 Ва Шоул ва тамоми қавме ки бо ӯ буданд, ҷамъ шуда, ба майдони корзор омаданд; ва инак, шамшери ҳар яке ба зидди дигаре кашида шуда буд: шӯру шағаб бағоят бузург буд.

21 Ва ибриёне ки дирӯз ва парирӯз дар сафи фалиштиён буда ва бо онҳо баромада, дар ҳар тарафи ӯрдуи онҳо меистоданд, — онҳо низ ба исроилиёне ки бо Шоул ва Йӯнотон буданд, ҳамроҳ шуданд.

22 Ва ҳамаи исроилиёне ки дар кӯҳи Эфроим пинҳон шуда буданд, чун шуниданд, ки фалиштиён рӯ ба гурез овардаанд, — онҳо низ ба ҷанг даромада, душманро дунболагирӣ карданд.

23 Ва Худованд дар он рӯз Исроилро наҷот дод, ва ҷанг то Байт‐Овин расид.

24 Ва мардуми Исроил дар он рӯз бемаҷол гардида буданд, зеро ки Шоул қавмро қасам дода гуфта буд: «Малъун бод касе ки то шом, то даме ки ман аз душманонам интиқом гирам, хӯроке бихӯрад!» Ва тамоми қавм чизе нахӯрданд.

25 Ва тамоми аҳли замин ба ҷангал расиданд, ва асал бар рӯи марғзор буд.

26 Ва қавм ба ҷангал даромаданд, ва инак асал ҷорист, валекин ҳеҷ кас дасташро ба даҳонаш набурд, зеро ки қавм аз қасам метарсиданд.

27 Вале Йӯнотон бехабар буд аз он ки падараш қасам дода буд, ва ӯ нӯги асоеро, ки дар дасташ буд, дароз карда, дар шони асал ғӯтонид, ва дасташро ба даҳонаш бурд, ва чашмонаш равшан шуд.

28 Ва касе аз миёни қавм хитоб намуда, гуфт: «Падарат қавмро қасам дода, гуфтааст: „Малъун бод касе ки имрӯз хӯроке бихӯрад!“ Бинобар ин қавм бемаҷол шудаанд».

29 Ва Йӯнотон гуфт: «Падарам заминро ба изтироб андохтааст! Бубинед, чӣ гуна чашмони ман равшан шуд, зеро ки андаке аз ин асал чашидам.

30 Алалхусус, агар қавм имрӯз аз ғанимати душманони худ, ки пайдо кардаанд, чизе мехӯрданд, оё шикасти фалиштиён боз ҳам зиёдтар намешуд?»

31 Ва дар он рӯз фалиштиёнро аз Михмос то Аёлӯн торумор карданд, ва қавм бағоят бемаҷол шуданд.

32 Ва қавм ба ғанимат дарафтоданд, ва бузу гӯсфандон ва гову гӯсолаҳоро гирифта, бар замин куштанд, ва кавм гӯштро бо хуни он хӯрданд.

33 Ва ба Шоул хабар дода, гуфтанд: «Инак, қавм пеши Худованд гуноҳ карда, гӯштро бо хунаш мехӯранд». Ва ӯ гуфт: «Шумо хиёнат кардаед! Алҳол пеши ман санги калоне биғелонед».

34 Ва Шоул гуфт: «Дар миёни қавм пароканда шуда, ба онҳо бигӯед: „Ҳар кас гови худро ва ҳар кас барраи худро назди ман биёред, ва дар ин ҷо кушта, бихӯред, ва пеши Худованд гуноҳ карда, гӯштро бо хуни он нахӯред“». Ва тамоми қавм, ҳар кас бо дасти худ, говашро дар он шаб оварда, дар он ҷо куштанд.

35 Ва Шоул қурбонгоҳе барои Худованд бино кард: ин аввалин қурбонгоҳе буд, ки ӯ барои Худованд бино кард.

36 Ва Шоул гуфт: «Имшаб аз ақиби фалиштиён биравем, ва онҳоро то рӯшноии субҳ ғорат карда, касеро аз онҳо боқӣ нагузорем». Ва гуфтанд: «Ҳар чи дар назарат писанд ояд, бикун». Ва коҳин гуфт: «Дар ин ҷо ба Худо муроҷиат намоем».

37 Ва Шоул аз Худо пурсид: «Оё аз ақиби фалиштиён фурӯд оям? Оё онҳоро ба дасти Исроил хоҳӣ супурд?» Вале дар он рӯз Ӯ ба вай ҷавоб надод.

38 Ва Шоул гуфт: «Эй ҳамаи сарварони қавм, ба ин ҷо наздик оед, ва бидонед ва бубинед, ки имрӯз ин гуноҳ дар чист?

39 Зеро қасам ба ҳаёти Худованди наҷотдиҳандаи Исроил, ки агар дар писарам Йӯнотон бошад, вай низ ҳатман хоҳад мурд». Вале аз миёни тамоми қавм касе ба ӯ ҷавоб надод.

40 Ва ӯ ба тамоми Исроил гуфт: «Шумо ба як тараф истед, ва ман бо писарам Йӯнотон ба тарафи дигар меистем». Ва қавм ба Шоул гуфтанд: «Ҳар чи дар назарат писанд ояд, бикун».

41 Ва Шоул ба Худованд гуфт: «Эй Худои Исроил, ҳақиқатро бикшой!» Ва қуръа ба Йӯнотон ва Шоул афтод, ва қавм беайб баромаданд.

42 Ва Шоул гуфт: «Дар миёни ман ва писарам Йӯнотон қуръа партоед». Ва қуръа ба Йӯнотон афтод.

43 Ва Шоул ба Йӯнотон гуфт: «Ба ман бигӯ, ки чӣ кардӣ?» Ва Йӯнотон ба ӯ ҳикоят карда, гуфт: «Бо нӯги асое ки дар даст дорам, андаке асал чашидам; инак, ман барои мурдан ҳозирам».

44 Ва Шоул гуфт: «Худо чунин ва зиёда аз ин бикунад, эй Йӯнотон, зеро ки ту ҳатман хоҳӣ мурд!»

45 Валекин қавм ба Шоул гуфтанд: «Оё Йӯнотон, ки ин наҷоти бузургро барои Исроил ба амал овардааст, бимирад? Ҳошо ва калло! Қасам ба ҳаёти Худованд, ки мӯе аз сари ӯ ба замин нахоҳад афтод, зеро ки ӯ имрӯз бо Худо амал кардааст». Ва қавм барои Йӯнотон фидия доданд, ва ӯ намурд.

46 Ва Шоул аз дунболагирии фалиштиён даст кашид — ва фалиштиён ба макони худ рафтанд.

47 Ва Шоул подшоҳии худро ба Исроил пойдор гардонид, ва бо ҳамаи душманони худ, ки дар гирду пеш буданд: бо Мӯоб, ва банӣ‐Аммӯн, ва Адӯм, ва подшоҳони Сӯбо, ва фалиштиён ҷанг кард, ва ба зидди ҳар кас, ки рӯй меовард, дастболо мешуд.

48 Ва лашкар барпо намуда, ба Амолеқ шикаст расонид, ва Исроилро аз дасти тороҷгарони он раҳо кард.

49 Ва писарони Шоул инҳо буданд: Йӯнотон, Йишвӣ ва Малкишуа. Ва номи ду духтараш чунин буд: номи калонӣ — Мераб, ва номи хурдӣ — Микал.

50 Ва номи зани Шоул Аҳинӯам бинти Аҳимоас буд; ва номи сарлашкараш Абнир ибни Нир, амаки Шоул, буд.

51 Падари Шоул, Қиш, ва падари Абнир, Нир, писарони Абиил буданд.

52 Ва дар тамоми айёми Шоул ба муқобили фалиштиён ҷанги сахт бурда мешуд; ва ҳар марди зӯровар ва шуҷоъро, ки Шоул медид, назди худ ҷамъ мекард.

15

БОБИ ПОНЗДАҲУМ

Итоати нопурраи Шоул.

1 Ва Самуил ба Шоул гуфт: «Худованд маро фиристода буд, ки туро ба подшоҳӣ бар қавми Ӯ, бар Исроил тадҳин намоям; ва акнун ту овози суханони Худовандро бишнав.

2 Худованди лашкарҳо чунин мегӯяд: „Он чиро, ки Амолеқ дар ҳаққи Исроил карда буд, дар хотир дорам, ки вай дар сари роҳи онҳо, вақте ки онҳо аз Миср баромаданд, камин ниҳода буд.

3 Акнун ту рафта, ба Амолеқ шикаст расон; ва ҳар он чи вай дорад, несту нобуд кунед; ва ба ӯ раҳм накун, балки аз мард то зан, аз кӯдак то тифли ширмак, аз гов то гӯсфанд, аз шутур то хар бикуш“».

4 Ва Шоул қавмро даъват намуд, ва аз онҳо дусад ҳазор пиёда дар Талоим шумурд; ва даҳ ҳазор мард аз сибти Яҳудо буданд.

5 Ва Шоул ба шаҳри Амолеқ расида, дар водӣ камин ниҳод.

6 Ва Шоул ба қениён гуфт: «Биравед, фурӯд оед, аз миёни амолеқиён дур шавед, мабодо шуморо бо онҳо несту набуд намоям, ва ҳол он ки шумо ба тамоми банӣ‐Исроил, вақте ки онҳо аз Миср баромаданд, хайрхоҳӣ кардаед». Ва қениён аз миёни Амолеқ дур шуданд.

7 Ва Шоул Амолеқро аз Ҳавило то роҳи самти Шур, ки пеш аз Миср аст, торумор намуд.

8 Ва подшоҳи Амолеқ — Аҷаҷро зинда дастгир кард, ва тамоми қавмашро ба дами шамшер кушт.

9 Вале Шоул ва қавм Аҷаҷро, ва беҳтарин бузу гӯсфандон ва говон ва парвориён ва қӯчқорони фарбеҳ ва ҳар чизи хубро дареғ дошта, нахостанд талаф намоянд, ва фақат ҳар моли хароб ва камқиматро несту нобуд карданд.

10 Ва каломи Худованд бар Самуил нозил шуда, гуфт:

11 «Пушаймонам, ки Шоулро подшоҳ кардам, зеро ки ӯ аз пайравии Ман рӯй тофта, суханони Маро ба ҷо наовард». Ва Самуил ба хашм омада, тамоми шаб сӯи Худованд истиғоса бурд.

12 Ва бомдодон Самуил бармаҳал бархоста, ба пешвози Шоул рафт; ва ба Самуил хабар дода, гуфтанд, ки Шоул ба Кармил ворид шуд, ва инак, барои худ сутуне барпо кард, ва давр зада гузашту ба Ҷилҷол фурӯд омад.

13 Ва Самуил назди Шоул омад, ва Шоул ба ӯ гуфт: «Туро Худованд баракат диҳад! Ман каломи Худовандро ба ҷо овардам».

14 Ва Самуил гуфт: «Пас, ин баъ‐баи гӯсфандон, ки ба гӯшам мерасад, ва маъоси говон, ки мешунавам, чист?»

15 Ва Шоул гуфт: «Инҳоро аз Амолеқ оварданд, зеро ки қавм беҳтарин бузу гӯсфандон ва говонро дареғ доштанд, то ки барои Худованд Худои ту қурбонӣ кунанд; вале боқии онро мо несту нобуд сохтем».

16 Ва Самуил ба Шоул гуфт: «Сабр кун, то он чиро, ки Худованд имшаб ба ман гуфт, ба ту баён намоям». Ва ӯ ба вай гуфт: «Бигӯ».

17 Ва Самуил гуфт: «Оё ту дар назари худ хурд набудӣ, вақте ки сардори сибтҳои Исроил шудӣ, ва Худованд туро бар Исроил ба подшоҳӣ тадҳин намуд?

18 Ва Худованд туро ба роҳе равона намуда, гуфта буд: „Рафта, ин амолеқиёни гуноҳкорро торумор намо, ва бо онҳо ҷанг кун, то даме ки онҳоро тамоман несту нобуд созӣ“.

19 Пас, чаро овози Худовандро нашнидӣ, балки ба ғанимат дарафтода, он чиро, ки дар назари Худованд бад аст, ба амал овардӣ?»

20 Ва Шоул ба Самуил гуфт: «Ман, охир, овози Худовандро шунидам, ва ба роҳе ки Худованд маро равона кард, рафтам, ва подшоҳи Амолеқ — Аҷаҷро овардам, ва Амолеқро торумор сохтам.

21 Валекин қавм аз ғанимати бузу гӯсфандон ва говон, яъне беҳтарини он чиро, ки ҳаром шуда буд, гирифтанд, то ки барои Худованд Худои ту дар Ҷилҷол қурбонӣ кунанд».

22 Ва Самуил гуфт:

«Оё барои Худованд курбониҳои сӯхтанӣ ва забҳҳо ончунон матлуб аст,

чунон ки шунидани овози Худованд?

Шунидан, охир, аз забҳ хубтар аст,

ва гӯш андохтан — аз чарбуи кӯчқорон.

23 Зеро ки беитоатӣ мисли гуноҳи ҷодугарист,

ва муқобилият — мисли бутпарастӣ.

Азбаски ту каломи Худовандро рад кардӣ,

Ӯ низ туро аз подшоҳӣ рад кард».

24 Ва Шоул ба Самуил гуфт: «Ман гуноҳ кардам, зеро ки аз фармони Худованд ва аз суханони ту берун баромадам, чунки аз қавм тарсида, овози онҳоро шунидам.

25 Ва алҳол, лутфан, гуноҳи маро афв намо, ва бо ман баргард, то ки Худовандро ибодат намоям».

26 Ва Самуил ба Шоул гуфт: «Бо ту нахоҳам баргашт, зеро ки ту каломи Худовандро рад кардаӣ, Худованд низ туро рад кард, то ки бар Исроил подшоҳ набошӣ».

27 Ва Самуил тоб хӯрд, то ки равона шавад; вале Шоул домани ҷомаи ӯро дошт, ва он пора шуд.

28 Ва Самуил ба вай гуфт: «Худованд имрӯз подшоҳии Исроилро аз ту пора кард, ва онро ба ёри ту, ки аз ту беҳтар бошад, медиҳад.

29 Ва низ Ҷалоли Исроил дурӯғ намегӯяд ва аз қавли Худ намегардад, зеро ки Ӯ одамизод нест, ки аз қавлаш гардад».

30 Ва вай гуфт: «Гуноҳ кардам; алҳол, лутфан, маро ба ҳузури пирони қавмам ва ба ҳузури Исроил иззат намо, ва бо ман баргард, то ки Худованд Худои туро ибодат кунам».

31 Ва Самуил аз ақиби Шоул баргашт, ва Шоул Худовандро ибодат кард.

32 Ва Самуил гуфт: «Подшоҳи Амолеқ — Аҷаҷро назди ман биёред». Ва Аҷаҷ назди ӯ омад, дар ҳолате ки занҷирбанд буд; ва Аҷаҷ гуфт: «Яқин аст, ки талхии марг пеш меояд».

33 Ва Самуил гуфт: «Чунон ки шамшери ту занонро аз фарзандонашон маҳрум кардааст, ончунон модари ту аз миёни занон аз фарзанди худ маҳрум хоҳад шуд». Ва Самуил Аҷаҷро ба ҳузури Худованд дар Ҷилҷол пора‐пора кард.

34 Ва Самуил ба Ромо рафт; ва Шоул ба хонаи худ ба Ҷибъои Шоул рафт.

35 Ва Самуил то рӯзи мурданаш Шоулро дигар надид, зеро ки барои Шоул мотам гирифта буд; ва Худованд пушаймон шуд, ки Шоулро бар Исроил подшоҳ кард.

16

БОБИ ШОНЗДАҲУМ

Ба подшоҳӣ интихоб шудани Довуд.

1 Ва Худованд ба Самуил гуфт: «То ба кай ту барои Шоул мотам мегирӣ? Ман, охир, ӯро аз подшоҳӣ кардан бар Исроил рад намудаам. Шохи худро аз равған пур карда, бирав: Ман туро назди Йисои байтлаҳмӣ мефиристам, зеро ки аз миёни писаронаш барои Худ подшоҳ пайдо кардаам».

2 Ва Самуил гуфт: «Чӣ гуна биравам? Агар Шоул бишнавад, маро хоҳад кушт». Худованд гуфт: «Гӯсолае бо худ бигир, ва бигӯй: „Омадаам, то ки барои Худованд қурбонӣ кунам“.

3 Ва Йисойро ба қурбонӣ даъват намо, ва Ман ба ту маълум хоҳам кард, ки чӣ бояд бикунӣ, ва ту касеро, ки ба ту бигӯям, барои Ман тадҳин хоҳӣ намуд».

4 Ва Самуил он чиро, ки Худованд гуфта буд, ба амал оварда, ба Байт‐Лаҳм омад; ва пирони шаҳр ба пешвози ӯ шитофта, гуфтанд: «Хайра мақдам!»

5 Гуфт: «Ассалом! Омадаам, то ки барои Худованд қурбонӣ кунам. Худро тақдис намуда, бо ман ба қурбонӣ биёед». Ва ӯ Йисой ва писаронашро тақдис кунонид, ва онҳоро ба қурбонӣ даъват намуд.

6 Ва ҳангоме ки онҳо омаданд, ӯ Элиобро дида, дар дили худ гуфт: «Яқинан, масеҳи Худованд ба ҳузури ӯст».

7 Вале Худованд ба Самуил гуфт: «Ба қиёфааш ва қомати баландаш назар наандоз, чунки Ман ӯро хуш накардаам; он чи одам мебинад, ҳеҷ аст, зеро одам фақат он чиро, ки ба чашм намоён аст, мебинад, вале Худованд он чиро, ки дар дил аст, мебинад».

8 Ва Йисой Абинодобро хонда, аз пеши Самуил гузаронид, вале ӯ гуфт: «Инро низ Худованд интихоб накардааст».

9 Ва Йисой Шамморо гузаронид; вале ӯ гуфт: «Инро ҳам Худованд интихоб накардааст».

10 Ва Йисой ҳафт писарашро аз пеши Самуил гузаронид; вале Самуил ба Йисой гуфт: «Худованд инҳоро нитихоб накардааст».

11 Ва Самуил ба Йисой гуфт: «Оё дигар писар надорӣ?» Вай гуфт: «Боз писари хурдӣ ҳаст, ки ӯ рамаро мечаронад». Ва Самуил ба Йисой гуфт: «Фиристода, ӯро биёр, зеро ки то ӯ ба ин ҷо набиёяд, ба сари суфра нахоҳем нишаст».

Довудро тадхин кардани Самуил.

12 Ва фиристода, ӯро оваронид. Ва ӯ сурхрӯ буда, чашмони зебо ва чеҳраи некӯ дошт. Ва Худованд гуфт: «Бархоста, ӯро тадҳин намо, зеро ки ҳамин аст».

13 Ва Самуил шохи равғанро гирифта, ӯро дар миёни бародаронаш тадҳин намуд, ва Рӯҳи Худованд аз он рӯз ва баъд аз он бар Довуд нозил шуд. Ва Самуил бархоста, ба Ромо рафт.

14 Валекин Рӯҳи Худованд аз Шоул дур шуд; ва рӯҳи баде аз ҷониби Худованд ӯро ба изтироб меандохт.

15 Ва навкарони Шоул ба ӯ мегуфтанд: «Инак, рӯҳи баде аз ҷониби Худованд туро ба изтироб меандозад.

Довуд назди Шоул даъват карда шуд.

16 Бигзор оғои мо ба навкарони худ, ки ба ҳузури ту мебошанд, амр фармояд, ки барбатнавози моҳиреро пайдо кунанд; ва ҳар гоҳ бар ту рӯҳи баде аз ҷониби Худованд биёяд, вай бо дасташ бинавозад, ва аҳволат беҳтар хоҳад шуд».

17 Ва Шоул ба навкаронаш гуфт: «Касеро, ки ба навохтан моҳир бошад, барои ман пайдо карда, назди ман биёред».

18 Ва яке аз навкарон ба ӯ ҷавоб гардонида, гуфт: «Инак, ман писари Йисои байтлаҳмиро дидаам, ки ба навохтан моҳир, ва шердил, ва марди ҷангӣ, ва хушзабон, ва зеботалъат мебошад, ва Худованд бо ӯст».

19 Ва Шоул қосидонро назди Йисой фиристода, гуфт: «Писарат Довудро, ки бо рама аст, назди ман бифирист».

20 Ва Йисой бар харе нон, ва машки шароб, ва як бузғола бор карда, ба воситаи писараш Довуд назди Шоул фиристод.

21 Ва Довуд назди Шоул омада, ба ҳузури ӯ биистод; ва Шоул варо бағоят дӯст дошт, ва Довуд силоҳбардори ӯ гардид.

22 Ва Шоул назди Йисой фиристода, гуфт: «Бигзор Довуд ба ҳузури ман бимонад, зеро ки вай ба назари ман писанд омад».

23 Ва чун рӯҳ аз ҷониби Худо бар Шоул меомад, Довуд барбатро гирифта, бо дасташ менавохт; ва Шоул роҳат карда, аҳволаш беҳтар мешуд, ва рӯҳи бад ӯро тарк мекард.

17

БОБИ ҲАФДАҲУМ

Ситезаи Ҷольёт дар ҳаққи Исроил.

1 Ва фалиштиён лашкари худро барои ҷанг фароҳам оварда, дар Сӯхӯ, ки дар кишвари Яҳудо воқеъ аст, ҷамъ шуданд, ва дар миёни Сӯхӯ ва Азеқо дар Эфес‐Дамим ӯрду заданд.

2 Ва Шоул ва исроилиён ҷамъ шуда, дар водии Эло ӯрду заданд, ва барои ҷанг ба муқобили фалиштиён тайёр шуданд.

3 Ва фалиштиён бар кӯҳ аз ин тараф меистоданд, ва исроилиён бар кӯҳ аз тарафи дигар меистоданд, ва дарае дар миёни онҳо буд.

4 Ва аз ӯрдуи фалиштиён Ҷольёт ном марди паҳлавон, ки аз Ҷат буд, берун омад; қоматаш шаш зироъ ва як ваҷаб буд.

5 Ва хӯди мисин ба сараш дошт, ва зиреҳи пулакчадоре ӯ дар бар карда буд; ва вазни зиреҳи ӯ панҷ ҳазор сиқл мис буд.

6 Ва бар соқҳояш соқбандҳои мисин, ва дар миёни китфҳояш мизроқи мисин буд.

7 Ва дастаи найзааш мисли наварди бофандагӣ, ва теғи найзааш шашсад сиқл оҳан буд; ва сипарбардораш пешопеши ӯ мерафт.

8 Ва ӯ истода, ба фавҷҳои Исроил хитоб намуд, ва ба онҳо гуфт: «Чаро барои ҷанг саф ороста берун омадаед? Ман, охир, фалиштӣ ҳастам, ва шумо — навкарони Шоул. Барои худ касеро интихоб кунед, то ки назди ман фурӯд ояд.

9 Агар вай тавонад бо ман ҷангида, маро бикушад, мо бандагони шумо хоҳем шуд; вале агар ман бар вай ғолиб омада, варо бикушам, шумо бандагони мо шуда, хизмати моро ба ҷо хоҳед овард».

10 Ва фалиштӣ гуфт: «Ман имрӯз фавҷҳои Исроилро таҳқир намудам; пас, касеро ба ман бидиҳед, то ки бо ҳам ҷанг кунем».

11 Ва Шоул ва тамоми Исроил ин суханони фалиштиро шуниданд, ва воҳима карда, бағоят ҳаросон шуданд.

12 Ва Довуд писари он марди эфротӣ, аз Байт‐Лаҳми Яҳудо буд, ки номаш Йисой буда, ҳашт писар дошт; ва он мард дар айёми Шоул дар миёни мардум пир ва солхӯрда буд.

13 Ва се писари калонии Йисой равона шуда, аз ақиби Шоул ба ҷанг рафтанд; ва номи се писари вай, ки ба ҷанг рафта буданд, чунин буд: нахустзодааш Элиоб, ва дуюмаш Абинодоб ва сеюмаш Шаммо.

14 Ва Довуд писари хурдӣ буд; ва се писари калонӣ аз ақиби Шоул рафта буданд.

Довуд назди лашкари Шоул меояд.

15 Ва Довуд аз пеши Шоул омаду рафт мекард, то ки рамаи падарашро дар Байт‐Лаҳм бичаронад.

16 Ва он фалиштӣ ҳар субҳ ва шом пайдо мешуд, ва чил рӯз худро нишон дод.

17 Ва Йисой ба писараш Довуд гуфт: «Лутфан, барои бародаронат як эфа аз ин хӯшабирьён ва даҳто аз ин нон бигир, ва ба ӯрдугоҳ назди бародаронат шитоб намо.

18 Ва ин даҳ қурс панирро барои мириҳазор бибар; ва саломатии бародаронатро бипурс, ва аз онҳо нишоние бигир».

19 Ва Шоул, ва онҳо, ва ҳамаи мардони Исроил дар водии Эло буда, бо фалиштиён меҷангиданд.

20 Ва Довуд бомдодон бармаҳал бархоста, рамаро ба қаровуле вогузошт, ва борашро гирифта, чунон ки Йисой амр фармуда буд, равона шуд; ва ба сангари гирдаи ӯрду вақте расид, ки лашкар берун омада саф мебастанд ва барои ҷанг наъра мезаданд.

21 Ва сафҳои исроилиён ва фалиштиён ба муқобили якдигар меистоданд.

22 Ва Довуд ашьёеро, ки дошт, назди посбони ашьё гузошта, сӯи сафҳои лашкар давида омад, ва саломатии бародаронашро пурсид.

23 Ва ҳангоме ки ӯ бо онҳо гуфтугӯ мекард, инак, он марди паҳлавон, ки Ҷольёти фалиштӣ ном дошта, аз аҳли Ҷат буд, аз миёни сафҳои фалиштиён баромада, ҳамон суханонро гуфт, ва Довуд шунид.

24 Ва ҳамаи мардони Исроил он мардро дида, аз вай мегурехтанд ва бағоят ҳаросон мешуданд.

25 Ва мардони Исроил мегуфтанд: «Оё ин мардро, ки мебарояд, дидед? Вай мебарояд, ки Исроилро таҳқир намояд. Ва агар ягон кас варо бикушад, подшоҳ ӯро бо сарвати бисьёр сарватманд хоҳад гардонид, ва духтари худро ба ӯ ба занӣ хоҳад дод, ва хонадони падари ӯро дар Исроил озод хоҳад кард».

26 Ва Довуд ба касоне ки назди ӯ истода буданд, гуфт: «Ба шахсе ки ин фалиштиро бикушад ва нангро аз Исроил дур созад, чӣ хоҳад шуд? Зеро ин фалиштии номахтун кист, ки лашкарҳои Худои Ҳайро таҳқир намояд?»

27 Ва қавм ба ӯ он суханонро баён намуда, гуфтанд: «Ба шахсе ки варо бикушад, чунин хоҳад шуд».

28 Ва ҳангоме ки ӯ бо мардум гуфтугӯ мекард, бародари калонии ӯ Элиоб шунид, ва хашми Элиоб бар Довуд аланга зада, гуфт: «Чаро ба ин ҷо фурӯд омадӣ? Ва он рамаи камеро дар биёбон назди кӣ гузоштӣ? Ман густохӣ ва шарорати дили туро медонам: ту барои тамошои ин ҷанг фурӯд омадаӣ».

29 Ва Довуд гуфт: «Ман чӣ кардаам? Фақат сухане гуфтаам».

30 Ва аз пеши вай ба тарафи шахси дигаре тоб хӯрда, ҳамон суханро гуфт; ва қавм ба ӯ ҷавоб гардонида, ҳамон сухани авваларо гуфтанд.

Ғалабаи Довуд бар Ҷольёт.

31 Ва суханоне ки Довуд гуфт, шунида шуд, ва ба Шоул хабар расониданд, ва ӯ варо назди худ оваронид.

32 Ва Довуд ба Шоул гуфт: «Бигзор касе аз боиси вай аз рӯҳ наафтад! Бандаат рафта, бо он фалиштӣ ҷанг мекунад».

33 Ва Шоул ба Довуд гуфт: «Ту наметавонӣ ба муқобили он фалиштӣ биравӣ, то ки бо вай ҷанг кунӣ, зеро ки ту ҷавон ҳастӣ, ва ҳол он ки вай аз ҷавониаш марди ҷангӣ будааст».

34 Ва Довуд ба Шоул гуфт: «Бандаат рамаи падари худро мечаронид, ва ҳангоме ки шер ё хирсе омада, барраеро аз рама мерабуд,

35 Ман аз ақиби он берун омада, онро мекуштам ва аз даҳонаш раҳо мекардам, ва агар он ба ман ҳуҷум меовард, ман мӯи жӯлидаашро дошта, онро мезадам ва мекуштам.

36 Бандаат ҳам шер ва ҳам хирсро куштааст, ва ин фалиштии номахтун мисли яке аз онҳо хоҳад шуд, зеро ки лашкарҳои Худои Ҳайро таҳқир кардааст».

37 Ва Довуд гуфт: «Худованд, ки маро аз чанголи шер ва аз чанголи хирс раҳоӣ додааст, аз дасти ин фалиштӣ низ раҳоӣ хоҳад дод». Ва Шоул ба Довуд гуфт: «Бирав, ва Худованд бо ту бод».

38 Ва Шоул либоси худро ба Довуд пӯшонид, ва хӯди мисин ба сари ӯ ниҳод, ва зиреҳ ба ӯ пӯшонид.

39 Ва Довуд шамшери варо аз болои либоси худ баст, ва хост каме роҳ равад, зеро ки одат накарда буд. Ва Довуд ба Шоул гуфт: «Бо ин чизҳо наметавонам роҳ равам, зеро ки одат накардаам». Ва Довуд онҳоро аз тани худ кашид.

40 Ва таёқашро ба дасташ гирифта, ва барои худ аз даруни ҷӯй панҷ санги силиқро хуш кард, ва онҳоро дар кӯлборе ки дошт, яъне дар анбони худ гузошт, ва фалахмонаш дар дасташ буд; ва ба фалиштӣ наздик шудан гирифт.

41 Ва фалиштӣ низ роҳ гашта, ба Довуд наздик мешуд, ва сипарбардораш пешопеши ӯ равона буд.

42 Ва фалиштӣ назар андохта, Довудро дид, ва аз ӯ нафрат кард, зеро ки ҷавони сурхрӯ буда, чеҳраи некӯ дошт.

43 Ва фалиштӣ ба Довуд гуфт: «Оё ман саг ҳастам, ки бо таёқе назди ман меоӣ?» Ва фалиштӣ Довудро бо худоёни худ лаънат кард.

44 Ва фалиштӣ ба Довуд гуфт: «Назди ман биё, то гӯшти баданатро ба мурғони ҳаво ва даррандагони саҳро бидиҳам».

45 Ва Довуд ба фалиштӣ гуфт: «Ту бо шамшер ва найза ва мизроқ бар ман меоӣ, валекин ман бо исми Худованди лашкарҳо, Худои фавҷҳои Исроил, ки Ӯро таҳқир намудаӣ, бар ту меоям.

46 Имрӯз Худованд туро ба дасти ман хоҳад супурд, ва ман туро кушта, каллаатро аз танат ҷудо хоҳам кард, ва лошаҳои ӯрдуи фалиштиёнро имрӯз ба мурғони ҳаво ва даррандагони замин хоҳам дод, то тамоми аҳли замин бидонанд, ки дар Исроил Худо ҳаст.

47 Ва тамоми ни ҷамоат хоҳанд донист, ки Худованд на бо шамшер ва найза наҷот медиҳад, балки ин ҷанги Худованд аст, ва Ӯ шуморо ба дасти мо хоҳад супурд».

48 Ва ҳангоме ки фалиштӣ бархост ва равона шуда, ба Довуд наздик омадан гирифт, Довуд шитоб намуда, сӯи лашкар ба пешвози фалиштӣ давид.

49 Ва Довуд дасташро ба кӯлбор бурд, ва аз он ҷо санге гирифта, бо фалахмон андохт, ва ба пешонии фалиштӣ зад; ва санг ба пешонии вай ғӯтида, вай рӯй бар замин фурӯ ғалтид.

50 Ва Довуд, ки бо фалахмон ва санг мусаллаҳ буд, аз фалиштӣ зӯр баромад, ва фалиштиро зада кушт; ва дар дасти Довуд шамшер набуд.

51 Ва Довуд давида, назди фалиштӣ биистод, ва шамшери варо гирифта, аз ғилофаш кашид, ва ӯро кушта, каллаашро аз танаш ҷудо кард; ва фалиштиён мурдани паҳлавонашонро дида, рӯй ба гурез оварданд.

52 Ва мардони Исроил ва Яҳудо бархостанд, ва наъра зада, фалиштиёнро то даромадгоҳи дара ва то дарвозаи Эқрӯн дунболагирӣ карданд; ва шаҳидони фалиштиён дар роҳи Шаароим то Ҷат ва Эқрӯн фурӯ меғалтиданд.

53 Ва банӣ‐Исроил аз дунболагирии фалиштиён баргаштанд, ва ӯрдугоҳи онҳоро тороҷ карданд.

54 Ва Довуд каллаи фалиштиро гирифта, ба Ерусалим овард, ва аслиҳаи варо дар хаймаи худ гузошт.

55 Ва ҳангоме ки Шоул Довудро дид, ки ба муқобили фалиштӣ берун меояд, ба сардори лашкараш Абнир гуфт: «Эй Абнир, ин ҷавон писари кист?» Ва Абнир гуфт: «Эй подшоҳ, ба ҳаёти ту қасам, ки намедонам».

56 Ва подшоҳ гуфт: «Пас ту бипурс, ки ин амрад писари кист».

57 Ва чун Довуд баъд аз куштани фалиштӣ баргашт, Абнир ӯро гирифта, назди Шоул овард, дар сурате ки каллаи фалиштӣ дар дасташ буд.

58 Ва Шоул ба ӯ гуфт: «Эй ҷавон, ту писари кистӣ?» Ва Довуд гуфт: «Писари бандаат Йисои байтлахмӣ ҳастам».

18

БОБИ ҲАЖДАҲУМ

Аҳди дӯстӣ дар миёни Довуд ва Йӯнотон.

1 Ва ҳангоме ки гуфтугӯи ӯ бо Шоул ба анҷом расид, ҷони Йӯнотон бо ҷони Довуд пайваста шуд, ва Йӯнотон ӯро мисли ҷони худ дӯст дошт.

2 Ва Шоул ӯро дар он рӯз гирифта, нагузошт, ки ба хонаи падараш баргардад.

3 Ва Йӯнотон бо Довуд аҳд баст, чунки ӯро мисли ҷони худ дӯст дошта буд.

4 Ва Йӯнотон ҷомаеро, ки бар танаш буд, кашида ба Довуд дод, ва либоси ҳарбияш ва ҳатто шамшераш ва камонаш ва камарбандашро низ.

5 Ва Довуд берун омада, дар ҳар ҷое ки Шоул ӯро мефиристод, комьёб мегардид; ва Шоул ӯро бар ҷанговарон сардор таъин намуд, ва ин дар назари тамоми қавм ва дар назари фармонбарони Шоул низ писанд омад.

6 Ва ҳангоме ки онҳо меомаданд, яъне вақте ки Довуд аз куштани фалиштӣ бармегашт, занон аз ҳамаи шаҳрҳои Исроил бо дафҳо, бо садоҳои шодӣ ва бо сеторҳо, сурудхонон ва рақскунон, ба пешвози подшоҳ Шоул берун меомаданд.

7 Ва занон тараб намуда, месуруданду мегуфтанд:

«Шоул ҳазорҳоро мағлуб кард,

вале Довуд — беварҳоро!+ 18:7 Бевар — даҳ ҳазор.»

8 Ва Шоул бағоят хашмгин шуд, ва ин сухан ба назараш бад намуда, гуфт: «Ба Довуд беварҳоро нисбат додаанд, вале ба ман ҳазорҳоро нисбат додаанд; ӯро акнун фақат подшоҳӣ кам аст».

9 Ва аз он рӯз эътиборан, ва минбаъд, Шоул ба Довуд назари бад дошт.

10 Ва фардои он, рӯҳи баде аз ҷониби Худованд бар Шоул ҷорӣ гардида, ӯ андаруни хона ба ҷӯшу хурӯш омад, ва Довуд мисли ҳаррӯза бо дасташ менавохт; ва найзае дар дасти Шоул буд.

11 Ва Шоул найзаро андохта, ба дилаш гуфт: «Довудро зада, ба девор медӯзам». Вале Довуд ду карат худро аз пеши ӯ канор кашид.

12 Ва Шоул аз Довуд метарсид, зеро ки Худованд бо ӯ буд, вале аз Шоул дур шуда буд.

13 Ва Шоул ӯро аз пеши худ дур сохт, ва ӯро мириҳазор таъин намуд, ва ӯ пеши қавм даробаро мекард.

14 Ва Довуд дар ҳамаи роҳҳои худ комьёб мешуд, ва Худованд бо ӯ буд.

15 Ва чун Шоул дид, ки ӯ бағоят комьёб аст, аз ӯ ҳаросон шуд.

16 Ва тамоми Исроил ва Яҳудо Довудро дӯст медоштанд, зеро ки ӯ пеши онҳо даробаро мекард.

17 Ва Шоул ба Довуд гуфт: «Инак духтари калонии худ Мерабро ба ту ба занӣ медиҳам, фақат ин ки барои ман ҷанговари далер бош, ва ҷангҳои Худовандро бибар». Ва Шоул ба дили худ гуфт: «Бигзор дасти ман бар ӯ набошад, балки дасти фалиштиён бошад».

18 Ва Довуд ба Шоул гуфт: «Ман кистам, ва ҳаёти ман ва хонадони падари ман дар Исроил чист, ки домоди подшоҳ бошам?»

19 Вале вақте ки духтари Шоул Мераб мебоист ба Довуд дода мешуд, вай ба Адриили меҳӯлотӣ ба занӣ дода шуд.

Довуд духтари Шоул Микалро ба занӣ мегирад.

20 Ва духтари Шоул Микал Довудро дӯст дошт; ва ҳангоме ки инро ба Шоул хабар доданд, ин ба назари ӯ писанд омад.

21 Ва Шоул ба дили худ гуфт: «Варо ба ӯ медиҳам, ва барои ӯ вай дом хоҳад шуд, ва дасти фалиштиён бар ӯ хоҳад буд». Ва Шоул ба Довуд гуфт: «Ба воситаи дуюмаш ту имрӯз домоди ман хоҳӣ шуд».

22 Ва Шоул ба навкарони худ амр фармуд: «Ба Довуд пинҳонӣ сухан ронда, бигӯед: „Инак, ҳусни таваҷҷӯҳи подшоҳ бар туст, ва ҳамаи навкаронаш туро дӯст медоранд; ва алҳол домоди подшоҳ шав“».

23 Ва навкарони Шоул ин суханонро ба гӯши Довуд расониданд, ва Довуд гуфт: «Оё дар назари шумо домоди подшоҳ шудан осон аст? Ва ҳол он ки ман шахси бенаво ва ҳақирам».

24 Ва навкарони Шоул ба ӯ хабар дода, гуфтанд: «Довуд чунин суханонро гуфт».

25 Ва Шоул гуфт: «Ба Довуд чунин бигӯед: „Подшоҳ маҳрро талабгор нест, магар ки сад ғилофаки фалиштиёнро, то ки аз душманони подшоҳ интиқом ситонида шавад“». Ва Шоул дар чунин фикре буд, ки Довудро бо дасти фалиштиён ба ҳалокат бирасонад.

26 Ва навкарони ӯ ин суханонро ба Довуд расониданд, ва ин дар назари Довуд писанд омад, ки домоди подшоҳ гардад. Ва мӯҳлати он ҳанӯз пур нашуда буд.

27 Ва Довуд бархоста, бо одамонаш рафт, ва дусад нафарро аз фалиштиён кушт, ва ғилофакҳошонро Довуд овард, ва онҳоро ба миқдори пурра ба подшоҳ пешниҳод карданд, то ки домоди подшоҳ гардад; ва Шоул духтараш Микалро ба ӯ ба занӣ дод.

28 Ва Шоул дид ва фаҳмид, ки Худованд бо Довуд аст; ва духтари Шоул Микал ӯро дӯст медошт.

29 Ва Шоул боз ҳам зиёдтар аз Довуд тарсид, ва Шоул ҳама вақт душмани Довуд буд.

30 Ва сарварони фалиштиён берун меомаданд; ва ҳар бор, ки онҳо берун меомаданд, Довуд аз ҳамаи фармонбарони Шоул бештар комьёб мешуд, ва номи ӯ бағоят шӯҳрат пайдо кард.

19

БОБИ НУЗДАҲУМ

Суиқасди сеюми Шоул барои куштани Довуд.

1 Ва Шоул ба писараш Йӯнотон ва ба ҳамаи навкаронаш гуфт, ки мехоҳад Довудро бикушад; вале Йӯнотон ибни Шоул Довудро бағоят дӯст медошт.

2 Ва Йӯнотон ба Довуд хабар дода, гуфт: «Падарам Шоул мехоҳад туро бикушад; ва алҳол, лутфан, бомдодон барҳазар бош, ва дар ҷои махфие пинҳон шав.

3 Ва ман берун омада, дар саҳрое ки ту дар он бошӣ, ба паҳлуи падарам хоҳам истод, ва дар бораи ту бо падарам гуфтугӯ хоҳам кард, ва он чи бубинам, ба ту хабар хоҳам дод».

4 Ва Йӯнотон ба падараш Шоул дар бораи Довуд суханони некӯ ба забон ронда, ба вай гуфт: «Бигзор подшоҳ дар ҳаққи бандаи худ Довуд гуноҳ накунад, зеро ки ӯ пеши ту гуноҳе накардааст, балки аъмоли ӯ барои ту бағоят хуб аст;

5 Ва ӯ ҷонашро ба кафи дасташ гирифта, он фалиштиро кушт, ва Худованд наҷоти бузурге барои тамоми Исроил ба амал овард, ва ту инро дида, шод гаштӣ; пас чаро ту мехоҳӣ дар ҳаққи хуни бегуноҳе гуноҳ карда, Довудро беҳуда бикушӣ?»

6 Ва Шоул ба овози Йӯнотон гӯш андохт, ва Шоул қасам хӯрд: «Ба ҳаёти Худованд қасам, ки ӯ кушта нахоҳад шуд».

7 Ва Йӯнотон Довудро хонд, ва Йӯнотон ҳамаи ин суханонро ба ӯ хабар дод; ва Йӯнотон Довудро назди Шоул овард, ва ӯ мисли дирӯз ва парирӯз дар ҳузури вай буд.

8 Ва боз ҷанг рӯй дод, ва Довуд берун омада, бо фалиштиён ҷанг кард, ва ба онҳо шикасти бузурге расонид, ва онҳо аз пеши ӯ гурехтанд.

9 Ва рӯҳи бад аз ҷониби Худованд бар Шоул нозил шуд, ва ӯ дар хонаи худ нишаста, найзаашро дар дасташ нигоҳ медошт; ва Довуд бо дасти худ барбат мехавохт.

10 Ва Шоул мехост, ки Довудро бо найза зада, ба девор бидӯзад, вале ӯ худро аз пеши Шоул канор кашид, ва найза ба девор бархӯрд, ва Довуд он шаб гурехта, раҳоӣ ёфт.

11 Ва Шоул қосидонро ба хонаи Довуд фиристод, то ки камин гирифта, субҳидам ӯро бикушанд; ва занаш Микал ба Довуд сухан ронда, гуфт: «Агар ту имшаб ҷони худро халос накунӣ, фардо кушта хоҳӣ шуд».

12 Ва Микал Довудро аз тиреза фурӯд овард, ва ӯ равона шуда, гурехт ва раҳоӣ ёфт.

13 Ва Микал трофимро гирифта, бар бистар гузошт, ва пӯсти бузро гирди каллаи он ниҳода, болои онро бо либосе пӯшонид.

14 Ва Шоул қосидонро фиристод, то ки Довудро бигиранд, вале Микал гуфт: «Ӯ бемор аст».

15 Ва Шоул қосидонро фиристод, то ки Довудро бубинанд, ва гуфт: «Ӯро бо бистараш назди ман биёред, то ки ӯро бикушам».

16 Ва қосидон омаданд, ва инак, трофим бар бистар, ва пӯсти буз гирди каллааш буд.

17 Ва Шоул ба Микал гуфт: «Чаро маро чунин фиреб додӣ, ва душманамро раҳо кардӣ, то ки бигрезад?» Ва Микал ба Шоул гуфт: «Ӯ ба ман гуфт: „Маро раҳо намо, вагар на, туро хоҳам кушт“».

Рӯҳи Худованд Довудро нигаҳбонӣ мекунад.

18 Ва Довуд гурехта, раҳо шуд, ва назди Самуил ба Ромо омада, ҳар он чиро, ки Шоул дар ҳаққи ӯ карда буд, ба вай ҳикоят намуд; ва ӯ ва Самуил рафта, дар Ноют сокин шуданд.

19 Ва ба Шоул хабар расонида, гуфтанд: «Инак, Довуд дар Ноюти Ромо мебошад».

20 Ва Шоул қосидонро фиристод, то ки Довудро бигиранд, ва чун онҳо тӯдаи анбиёро диданд, ки нубувват мекунанд, ва Самуил истода бар онҳо сарварӣ менамояд, — Рӯҳи Худо бар қосидони Шоул нозил шуда, онҳо низ нубувват кардан гирифтанд.

21 Ва инро ба Шоул хабар доданд, ва ӯ қосидони дигарро фиристод, вале онҳо низ нубувват кардан гирифтанд. Ва Шоул боз қосидони сеюмро фиристод, вале онҳо низ нубувват кардан гирифтанд.

22 Худаш низ ба Ромо равона шуд, ва чун ба чоҳи калон, ки дар Сеху мебошад, расид, савол дода, гуфт: «Самуил ва Довуд куҷоянд?» Ва касе гуфт: «Инак, дар Ноюти Ромо мебошанд».

23 Ва дар он ҷо ӯ ба Ноюти Ромо рафт, ва Рӯҳи Худо бар ӯ низ нозил шуд, ва ӯ нубувваткунон мерафт, то даме ки ба Ноюти Ромо расид.

24 Ва ӯ низ либосҳои худро кашид, ва ӯ низ ба ҳузури Самуил нубувват кардан гирифт, ва тамоми он рӯз ва тамоми шабаш бараҳна хобид; бинобар ин мегӯянд: «Оё Шоул низ аз ҷумлаи анбиёст?».

20

БОБИ БИСТУМ

Йӯнотон Довудро тарафдорӣ мекунад.

1 Ва Довуд аз Ноюти Ромо гурехт, ва пеши Йӯнотон омада, гуфт: «Чӣ кардаам? Айбам чист, ва пеши падарат чӣ гуноҳ кардаам, ки ӯ қасди ҷони ман дорад?»

2 Вай ба ӯ гуфт: «Ҳошо ва калло, ту нахоҳӣ мурд! Инак, падарам ҳеҷ як кори бузурге ё хурде намекунад, бе он ки аввал гӯшраси ман гардонад. Пас чаро падарам ин корро аз ман пинҳон дорад? Ин тавр нахоҳад шуд».

3 Ва Довуд боз қасам хӯрда, гуфт: «Падарат ба хубӣ медонад, ки ман дар назарат илтифот ёфтаам, бинобар ин ба дили худ мегӯяд: „Бигзор инро Йӯнотон надонад, мабодо ғамгин шавад“. Валекин, қасам ба ҳаёти Худованд ва қасам ба ҷони ту, ки дар миёни ман ва мавт як қадам мондааст!»

4 Ва Йӯнотон ба Довуд гуфт: «Ҳар чи дилат бихоҳад, барои ту хоҳам кард».

5 Ва Довуд ба Йӯнотон гуфт: «Инак, фардо навмоҳ аст, ва ман бояд дар сари суфраи подшоҳ биншинам; вале ту маро изн бидеҳ, ки то бегоҳии рӯзи сеюм дар саҳро пинҳон шавам;

6 Агар падарат маро суроғ кунад, ту бигӯ: „Довуд аз ман изн пурсид, ки ба шаҳри худ Байт‐Лаҳм шитоб намояд, зеро ки дар он ҷо барои тамоми хонадонаш қурбонии солона будааст“;

7 Агар вай бигӯяд: „Хуб“, — барои бандаат осоиштагӣ хоҳад буд; вале агар вай хашмгин шавад, бидон, ки вай ба кори баде азм намудааст;

8 Пас ту ба бандаи худ эҳсон бикун, зеро ки бандаатро бо худат ба аҳди Худованд дохил кардаӣ; ва агар гуноҳе дар ман бошад, худат маро бикуш: барои чӣ маро назди падари худ бибарӣ?»

9 Ва Йӯнотон гуфт: «Ҳошо, ки ту чунин гумон кунӣ! Зеро, агар медонистам, ки бадие бо азми падарам бар ту омаданист, оё туро аз он хабардор намекардам?»

10 Ва Довуд ба Йӯнотон гуфт: «Агар падарат бо дуруштӣ ба ту ҷавоб гардонад, кист, ки ба ман хабар бирасонад?»

11 Ва Йӯнотон ба Довуд гуфт: «Биё, ба саҳро бароем». Ва ҳар ду ба саҳро баромаданд.

12 Ва Йӯнотон ба Довуд гуфт: «Қасам ба исми Худованд Худои Исроил, ки падарамро фардо ё пасфардо дар ҳамин вақт хоҳам озмуд, ва чун бубинам, ки назараш ба Довуд нек аст, наход ки ман назди ту фиристода, гӯшраси ту нагардонам?

13 Худованд ба Йӯнотон чунин ва зиёда аз ин бикунад! Агар падарам барои худ салоҳ бинад, ки бадие ба сари ту биёрад, ман гӯшраси ту гардонида, туро раҳо хоҳам кард, ва ту ба саломатӣ хоҳӣ рафт; ва бигзор Худованд бо ту бошад, чунон ки бо падарам буд!

14 Ва на танҳо дар замоне ки ҳанӯз зинда бошам, эҳсони Худовандро нисбат ба ман ба амал оварӣ, то ки намирам,

15 Балки эҳсони худро аз хонадони ман то абад қатъ накунӣ, ҳатто дар замоне ки Худованд душманони Довудро саросар аз рӯи замин барҳам дода бошад».

16 Ва Йӯнотон бо хонадони Довуд аҳд баст, ва аз Худованд талабид, ки Довудро аз дасти душманонаш раҳоӣ диҳад.

17 Ва Йӯнотон бори дигар ба Довуд дар бораи муҳаббате ки ба ӯ дошт, қасам ёд кард, зеро ки ӯро мисли ҷони худ дӯст медошт.

18 Ва Йӯнотон ба ӯ гуфт: «Фардо навмоҳ аст; ва туро суроғ хоҳанд кард, зеро ки ҷои нишасти ту холӣ хоҳад монд.

19 Ва то рӯзи сеюм ту бештар фурӯд омада, ба маконе бирас, ки дар рӯзи амал дар он ҷо пинҳон шуда будӣ; ва назди санги роҳнамо бинишин.

20 Ва ман се тир ба тарафи он хоҳам андохт, гӯё ки ба ҳадафе мезада бошам.

21 Ва инак, навкари худро фиристода, хоҳам гуфт: „Рафта, тирҳоро биёб“; агар ба навкар бигӯям: „Инак, тирҳо аз ин тарафи туст“, онҳоро бигир ва назди ман биё, зеро ки барои ту осоиштагист, ва қасам ба ҳаёти Худованд, ки ба ту зараре нахоҳад расид.

22 Валекин агар ба амрад бигӯям: „Инак, тирҳо аз он тарафи туст“, — ту бирав, зеро ки Худованд туро раҳо кардааст.

23 Ва дар хусуси он сухане ки ман ва ту ба забон рондем, инак Худованд дар миёни ман ва ту то абад шоҳид хоҳад буд».

24 Ва Довуд дар саҳро пинҳон шуд. Ва навмоҳ фаро расид, ва подшоҳ ба сари суфра нишаст.

25 Ва подшоҳ, мисли ҳарвақта, бар нишемангоҳи назди девор нишаст; ва Йӯнотон бархост, ва Абнир дар паҳлуи Шоул нишаст; ва ҷои Довуд холӣ монд.

26 Ва Шоул дар он рӯз чизе нагуфт, зеро ки ба дили худ гуфт: «Ин тасодуфист; шояд, вай нопок бошад, зеро ки худро татҳир нанамудааст».

27 Ва рӯзи дуюми навмоҳ фаро расид, ва ҷои Довуд боз холӣ монд; ва Шоул ба писараш Йӯнотон гуфт: «Чаро писари Йисой ҳам дирӯз ва ҳам имрӯз ба сари суфра наомад?»

28 Ва Йӯнотон ба Шоул ҷавоб гардонид: «Довуд аз ман изн пурсид, то ки ба Байт‐Лаҳм биравад;

29 Ва ӯ ба ман гуфт: „Лутфан, ба рафтанам изн бидеҳ, зеро ки хонадони мо дар шаҳр қурбонӣ хоҳанд кард, ва бародарам ба ман амр фармудааст; ва алҳол, агар дар назарат илтифот ёфта бошам, ман меравам, то ки бо бародаронам дидорбинӣ намоям“. Бинобар ин ӯ ба сари суфраи подшоҳ наомадааст».

30 Ва хашми Шоул бар Йӯнотон аланга зада, ба ӯ гуфт: «Эй фарзанди занаки саркаши исьёнкор! Ман акнун донистам, ки ту писари Йисойро барои шармандагии худат ва шармандагии аврати модарат баргузидаӣ!

31 Зеро дар тамоми айёме ки писари Йисой бар рӯи замин зинда бошад, ту пойдор нахоҳӣ буд, ва подшоҳии ту низ; ва алҳол бифирист ва ӯро дастгир карда назди ман биёр, зеро ки ӯ ба мурдан маҳкум аст».

32 Ва Йӯнотон ба падараш Шоул ҷавоб гардонида, ба вай гуфт: «Чаро ӯ ба мурдан маҳкум будааст? Чӣ кардааст?»

33 Ва Шоул найзаи худро бар ӯ андохт, то ки ӯро бизанад; ва Йӯнотон фаҳмид, ки падараш ба таври қатъӣ азм намудааст, ки Довудро бикушад.

34 Ва Йӯнотон ба хашм омада аз сари суфра бархост, ва дар рӯзи дуюми навмоҳ хӯрок нахӯрд, зеро ки барои Довуд ғамгин буд, ва ба он сабаб, ки падараш ӯро хиҷил карда буд.

35 Ва бомдодон Йӯнотон дар мӯҳлате ки бо Довуд муайян намуда буд, ба саҳро баромад, ва амради хурдсоле ҳамроҳаш буд.

36 Ва ба он амрад гуфт: «Бирав ва тирҳоеро, ки ман меандозам, биёб». Ҳамин ки амрад давид, ӯ тирро тавре андохт, ки аз вай онсӯтар гузашта рафт.

37 Ва чун амрад ба он ҷо, ки Йӯнотон тир андохт, медавид, Йӯнотон аз ақиби амрад фарьёд зада, гуфт: «Тир, охир, дар он тарафи туст».

38 Ва Йӯнотон аз ақиби амрад фарьёд зад: «Шитоб намо! наист!» Ва амради Йӯнотон тирҳоро ғундошта, назди оғои худ омад.

39 Ва амрад аз чизе вуқуф надошт, аммо Йӯнотон ва Довуд таги гапро медонистанд.

40 Ва Йӯнотон аслиҳаи худро ба амраде ки дар ҳузураш буд, дода, ба вай гуфт: «Рафта, ба шаҳр бибар».

41 Вақте ки амрад рафт, Довуд аз тарафи ҷануб бархост, ва бар рӯи худ ба замин афтода, се карат саҷда бурд; ва онҳо якдигарро бӯсида, бо ҳамдигар гирья карданд, лекин Довуд бештар гирист.

42 Ва Йӯнотон ба Довуд гуфт: «Ба саломатӣ бирав. Он чи ҳар дуи мо ба исми Худованд қасам хӯрда гуфтем, ки бигзор Худованд дар миёни ман ва ту ва дар миёни насли ман ва насли ту бошад, — то абад қоим хоҳад буд».

43 Ва ӯ бархоста, равона шуд, ва Йӯнотон ба шаҳр баргашт.

21

БОБИ БИСТУ ЯКУМ

Довуд назди Аҳималик пинҳон мешавад.

1 Ва Довуд ба Нуб назди Аҳималики коҳин омад; ва Аҳималик бо ошӯбе ба пешвози Довуд шитофта, ба ӯ гуфт: «Чаро ту танҳо омадаӣ, ва касе бо ту нест?»

2 Ва Довуд ба Аҳималики коҳин гуфт: «Подшоҳ ба ман кореро супурда, ба ман гуфт: „Аз ин кор, ки туро барояш мефиристам, ва аз он чи ба ту амр фармудаам, бигзор касе ҳеҷ хабардор нашавад“; ва навкаронро ман дар фалон ҷо гузоштам.

3 Ва алҳол, агар чизе дар дастат бошад, панҷто нон, ё ҳар чизе ки ёфт шавад, ба ман бидеҳ».

4 Ва коҳин ба Довуд ҷавоб гардонида, гуфт: «Нони оддӣ дар дастам нест, балки нони муқаддас ҳаст, ба шарте ки навкарон аз зан худдорӣ карда бошанд».

5 Ва Довуд ба коҳин ҷавоб гардонида, ба вай гуфт: «Рости гап, дирӯз ва парирӯз, аз рӯзе ки берун омадаам, занон аз мо дур буданд, ва зарфҳои навкарон муқаддас мебошад, ва агарчи роҳи мо қудсият надорад, бо вуҷуди он имрӯз нон дар зарфҳо муқаддас хоҳад монд».

6 Ва коҳин нони муқаддасро ба ӯ дод, зеро ки дар он ҷо ноне набуд, ҷуз нонҳои тақдим, ки аз пеши Худованд бардошта шуда буд, то ки дар рӯзи бардоштанаш нонҳои гарм бимонанд.

7 Ва дар он ҷо дар он рӯз шахсе аз навкарони Шоул ба ҳузури Худованд истода буд, ва ӯ Дӯаги адӯмӣ ном дошта, мири рамабонони Шоул буд.

8 Ва Довуд ба Аҳималик гуфт: «Оё ин ҷо дар дастат найзае ё шамшере ҳаст? Зеро ки ман шамшерам ва яроқи дигарамро низ бо худ наовардаам, чунки супориши подшоҳ таъҷилӣ буд».

9 Ва коҳин гуфт: «Инак, шамшери Ҷольёти фалиштӣ, ки варо ту дар дараи Эло куштӣ, дар қафои эфӯд бо либосе печонида монда шудааст; агар мехоҳӣ онро барои худ бигирӣ, — бигир, зеро ки ғайр аз он дар ин ҷо дигаре нест». Ва Довуд гуфт: «Хубтар аз он нест, онро ба ман бидеҳ».

10 Ва Довуд бархоста, дар он рӯз аз пеши Шоул гурехт, ва назди Окиш, подшоҳи Ҷат, омад.

11 Ва навкарони Окиш ба вай гуфтанд: «Ин, охир, Довуд, подшоҳи он замин аст; дар бораи ӯ, охир, рақскунон месуруданд: „Шоул ҳазорҳоро мағлуб кард, вале Довуд — беварҳоро!“»

12 Ва Довуд ин суханонро дар дили худ ҷо дод, ва аз Окиш, подшоҳи Ҷат, бисьёр ҳаросон шуд.

13 Ва дар назари онҳо рафтори худро тағьир дода, назди онҳо худро ба девонагӣ зад, ва бар табақаҳои дарвоза нақш мекашид, ва оби даҳанашро бар ришаш мерехт.

14 Ва Окиш ба навкарони худ гуфт: «Инак, шумо мебинед, ки ин шахс девона аст; пас, чаро варо назди ман овардаед?

15 Оё ман ба девонагон эҳтиёҷ дорам, ки варо овардаед, то назди ман девонагӣ кунад? Оё лозим аст, ки ин шахс ба хонаи ман дохил шавад?»

22

БОБИ БИСТУ ДУЮМ

Довуд дар атрофаш сарбозонро ҷамъ карда, бо онҳо баромада меравад.

1 Ва Довуд аз он ҷо рафта, ба мағораи Адулом гурехт; ва бародаронаш ва тамоми хонадони падараш шунида, назди ӯ ба он ҷо фурӯд омаданд.

2 Ва ҳар кӣ дар аҳволи танг буд, ва ҳар кӣ қарзхоҳе дошт, ва ҳар кӣ талхайш буд, назди ӯ ҷамъ шуданд, ва ӯ саркардаи онҳо гардид; ва тақрибан чорсад нафар бо ӯ буданд.

3 Ва Довуд аз он ҷо ба Мисфои Мӯоб рафт, ва ба подшоҳи Мӯоб гуфт: «Лутфан, падарам ва модарам назди шумо биёянд, то бидонам, ки Худо бо ман чӣ хоҳад кард».

4 Ва онҳоро назди подшоҳи Мӯоб оварда монд, ва онҳо тамоми айёме ки Довуд дар он паноҳгоҳ буд, назди вай сукунат доштанд.

5 Ва Ҷоди набӣ ба Довуд гуфт: «Дар ин паноҳгоҳ наист, балки раҳсипор шуда, ба замини Яҳудо бирав». Ва Довуд рафта, ба ҷангали Ҳорат расид.

6 Ва Шоул шунид, ки Довуд ва одамоне ки бо ӯ ҳастанд, пайдо шудаанд; ва Шоул дар Ҷибъо, зери дарахти газ, ки бар тал буд, менишаст, ва найзааш дар дасташ буд, ва ҳамаи фармонбаронаш дар гирду пешаш меистоданд.

7 Ва Шоул ба фармонбарони худ, ки дар гирду пешаш истода буданд, гуфт: «Бишнавед, эй банӣ‐Биньёмин! Оё писари Йисой низ ба ҳамаи шумо киштзорҳо ва токистонҳо хоҳад дод, ва оё ҳамаи шуморо мириҳазор ва мирисад таъин хоҳад кард,

8 Ки ҳамаатон бар зидди ман забон як кардаед, ва касе гӯшраси ман накард, ки писарам бо писари Йисой аҳд бастааст, ва касе аз шумо ғами маро нахӯрд, ва гӯшраси ман накард, ки писарам бандаи маро барангехтааст, то ки бар ман камин гирад, чунон ки имрӯз воқеъ шудааст?»

9 Ва Дӯаги адӯмӣ, ки бо фармонбарони Шоул истода буд, ҷавоб гардонида, гуфт: «Ман писари Йисойро дидам, ки ба Нуб назди Аҳималик ибни Аҳитуб омад,

10 Ва ӯ дар бораи вай аз Худованд пурсид, ва тӯша ба вай дод, ва шамшери Ҷольёти фалиштиро ба вай дод».

11 Ва подшоҳ фиристода, Аҳималик ибни Аҳитуби коҳин ва ҳамаи коҳинони хонадони падари варо, ки дар Нуб буданд, даъват намуд; ва ҳамаи онҳо назди подшоҳ омаданд.

12 Ва Шоул гуфт: «Бишнав, эй ибни Аҳитуб!» Вай гуфт: «Лаббай, эй оғоям».

13 Ва Шоул ба вай гуфт: «Чаро ту ва писари Йисой бар зидди ман забон як кардаед, ба тавре ки ту ба ӯ нон ва шамшер додаӣ, ва дар бораи ӯ аз Худо пурсидаӣ, то ки бар ман камин гирад, чунон ки имрӯз воқеъ шудааст?»

14 Ва Аҳималик ба подшоҳ ҷавоб гардонида, гуфт: «Кист аз ҳамаи бандагонат, ки мисли Довуд амин бошад? Ва ӯ домоди подшоҳ аст, ва иҷрокунандаи фармонҳои туст, ва дар хонаи ту мӯҳтарам аст.

15 Оё ба пурсидан аз Худо дар бораи ӯ ҳамон рӯз шурӯъ намудаам? Ҳошо ва калло! Бигзор подшоҳ ин гуноҳро ба бандаи худ ва ба тамоми хонадони падарам нисбат надиҳад, зеро ки бандаат аз тамоми ин кор ба андозаи андак ё зиёд вуқуф наёфтааст».

16 Ва подшоҳ гуфт: «Эй Аҳималик, ту ва тамоми хонадони падарат ҳатман хоҳед мурд!»

17 Ва подшоҳ ба шотироне ки дар гирду пешаш истода буданд, гуфт: «Ҳамла оварда, коҳинони Худовандро бикушед, зеро дасти онҳо низ бо Довуд аст, чунки аз гурехтани ӯ вуқуф ёфта, гӯшраси ман накардаанд». Вале фармонбарони подшоҳ нахостанд дасти тааддӣ дароз кунанд, то ки коҳинони Худовандро ба ҳалокат расонанд.

18 Ва подшоҳ ба Дӯаг гуфт: «Ту ҳамла оварда, коҳинонро бикуш». Ва Дӯаги адӯмӣ ҳамла оварда, ба куштани коҳинон шурӯъ намуд, ва дар он рӯз вай ҳаштоду панҷ мардро, ки эфӯди катон мепӯшиданд, ба ҳалокат расонид.

19 Ва аҳли Нубро, ки шаҳри коҳинон аст, ба дами шамшер кушт: мардон ва занон, ва кӯдакон ва ширмакон, ва говон ва харон ва гӯсфандонро ба дами шамшер кушт.

20 Вале як писари Аҳималик ибни Аҳитуб, ки номаш Абьётор буд, халосӣ ёфта, назди Довуд гурехт.

21 Ва Абьётор ба Довуд хабар дод, ки Шоул коҳинони Худовандро кушт.

22 Ва Довуд ба Абьётор гуфт: «Ҳамон рӯз, ки Дӯаги адӯмӣ дар он ҷо буд, медонистам, ки вай ба Шоул ҳатман хабар хоҳад дод. Ман сабаби ҳалокати ҳамаи ҷонҳои хонадони падарат шудаам.

23 Назди ман бимон, натарс, зеро ҳар кӣ қасди ҷони ту дорад, қасди ҷони ман низ хоҳад дошт; ту назди ман дар амният хоҳӣ буд».

23

БОБИ БИСТУ СЕЮМ

Моҷароҳои Довуд.

1 Ва ба Довуд хабар дода, гуфтанд: «Инак, фалиштиён ба аҳли Қаило ҷанг мекунанд, ва хирманҳоро толону тороҷ менамоянд».

2 Ва Довуд аз Худо пурсида, гуфт: «Оё рафта, ин фалиштиёнро торумор намоям?» Ва Худованд ба Довуд гуфт: «Рафта, фалиштиёнро торумор намо ва аҳли Қаилоро наҷот деҳ».

3 Вале одамони Довуд ба ӯ гуфтанд: «Инак, мо ин ҷо дар Яҳудо метарсем, пас хусусан агар бар зидди фавҷҳои фалиштиён ба Қаило биравем!»

4 Ва Довуд бори дигар аз Худованд пурсид, ва Худованд ба ӯ ҷавоб гардонида, гуфт: «Бархоста, ба Қаило фурӯд ой, зеро ки Ман фалиштиёнро ба дасти ту хоҳам супурд».

5 Ва Довуд бо одамонаш ба Қаило рафт, ва бо фалиштиён ҷанг кард, ва чорвои онҳоро бурд, ва ба онҳо зарбаи бузурге расонид; ва Довуд сокинони Қаилоро наҷот дод.

6 Ва ҳангоме ки Абьётор ибни Аҳималик назди Довуд гурехта омад, эфӯдро ба дасташ гирифта овард.

7 Ва ба Шоул хабар доданд, ки Довуд ба Қаило омадааст. Ва Шоул гуфт: «Худо ӯро ба дасти ман супурдааст, зеро ӯ ба шаҳре ки дарвоза ва ғалақаҳо дорад, даромада, худро банд кардааст».

8 Ва Шоул тамоми қавмро ба ҷанг даъват намуд, то ки ба Қаило фурӯд омада, Довуд ва одамони ӯро муҳосира намояд.

9 Ва Довуд фаҳмид, ки Шоул ба муқобили ӯ нияти баде дорад; ва ӯ ба Абьётори коҳин гуфт: «Эфӯдро наздик биёр».

10 Ва Довуд гуфт: «Худовандо, Худои Исроил! Бандаат шунидааст, ки Шоул мехоҳад ба Қаило омада, аз боиси ман шаҳрро валангор кунад.

11 Оё сокинони Қаило маро ба дасти вай хоҳанд супурд? Оё Шоул фурӯд хоҳад омад, чунон ки бандаат шунидааст? Худовандо, Худои Исроил! Лутфан, бандаатро огоҳ намо». Ва Худованд гуфт: «Вай фурӯд хоҳад омад».

12 Ва Довуд гуфт: «Оё сокинони Қаило ман ва одамонамро ба дасти Шоул хоҳанд супурд?» Ва Худованд гуфт: «Хоҳанд супурд».

13 Ва Довуд бо одамонаш, ки тақрибан шашсад нафар буданд, бархост, ва онҳо аз Қаило баромада, ба ҳар ҷое ки тавонистанд бираванд, рафтанд. Ва чун ба Шоул хабар расид, ки Довуд аз Қаило гурехтааст, аз юруш даст кашид.

14 Ва Довуд дар биёбон бар сахраҳои дастнорас сукунат дошт, ва бар кӯҳе дар биёбони Зиф иқомат намуд. Ва Шоул ҳама вақт ӯро меҷуст, вале Худо ӯро ба дасташ намесупурд.

15 Ва Довуд дид, ки Шоул барои ҷустани ҷони ӯ берун омадааст; ва Довуд дар биёбони Зиф, дар Ҳӯршо ном мавзее сукунат дошт.

16 Ва Йӯнотон ибни Шоул бархоста, назди Довуд ба Ҳӯршо омад, ва дасти ӯро бо таваккал кардан ба Худо тақвият намуд.

17 Ва ба ӯ гуфт: «Натарс, зеро ки дасти падарам Шоул туро пайдо нахоҳад кард, ва ту бар Исроил подшоҳ хоҳӣ шуд, ва ман баъд аз ту дуюмин хоҳам буд, ва падарам Шоул низ инро медонад».

18 Ва ҳар дуяшон ба ҳузури Худованд аҳд бастанд; ва Довуд дар Ҳӯршо монд, ва Йӯнотон ба хонаи худ рафт.

19 Ва зифиён назди Шоул ба Ҷибъо баромада, гуфтанд: «Довуд, охир, назди мо дар Ҳӯршо, бар сахраҳои дастнорас, бар тали Ҳакило, ки ба тарафи ҷанубии биёбон аст, пинҳон шудааст.

20 Ва алҳол, эй подшоҳ, ҳар вақте ки дилат бихоҳад, фурӯд ой, ва дайни мо ин аст, ки ӯро ба дасти подшоҳ бисупорем».

21 Ва Шоул гуфт: «Худованд шуморо баракат диҳад, зеро дар ҳаққи ман дилсӯзӣ кардаед.

22 Пас биравед, боз тайёрӣ бинед, ва ҷоеро, ки қадамаш гузошта мешавад, ва касе ӯро дар он ҷо дидааст, тафтиш намуда зери чашм гиред, зеро ба ман мегӯянд, ки ӯ бағоят маккор аст.

23 Ва ҳамаи паноҳгоҳҳоеро, ки ӯ дар онҳо пинҳон мешавад, тафтиш намуда, зери чашм гиред, ва бо маълумоти аниқ назди ман баргардед, ва он гоҳ ман бо шумо хоҳам рафт; ва агар ӯ дар ин замин бошад, ман ӯро дар миёни ҳамаи кабилаҳои Яҳудо ҷустуҷӯ хоҳам кард».

24 Ва онҳо бархоста, аз пеши Шоул ба Зиф рафтанд. Ва Довуд бо одамонаш дар биёбони Моӯн, дар саҳро, ба тарафи ҷанубии биёбон буд.

25 Ва Шоул бо одамонаш ба ҷустуҷӯи ӯ рафт, ва инро ба Довуд хабар доданд, ва ӯ аз сахра фурӯд омада, дар биёбони Моӯн ҷойгир шуд. Ва Шоул инро шунида, Довудро дар биёбони Моӯн таъқиб кард.

26 Ва Шоул ба як тарафи кӯҳ равона буд, ва Довуд бо одамонаш ба тарафи дигари кӯҳ. Ва Довуд мешитофт, то ки аз пеши Шоул бигрезад, ва Шоул ва одамонаш Довуд ва одамонашро иҳота мекарданд, то ки онҳоро дастгир намоянд.

27 Вале қосиде назди Шоул омада, гуфт: «Шитобон биё, зеро ки фалиштиён ба замин ҳуҷум овардаанд».

28 Ва Шоул аз таъқиб кардани Довуд баргашта, ба пешвози фалиштиён равона шуд. Бинобар ин он маконро Селаъ‐Ҳамаҳлеқӯт+ 23:28 Сахраи мухолифат. номидаанд.

24

БОБИ БИСТУ ЧОРУМ

Довуд Шоулро дар мағораи Эйн‐Ҷадӣ амон медиҳад.

1 Ва Довуд аз он ҷо баромада, дар ҷойҳои дастнораси Эйн‐Ҷадӣ ҷойгир шуд.

2 Ва ҳангоме ки Шоул аз таъқиб кардани фалиштиён баргашт, ба ӯ хабар дода, гуфтанд: «Инак, Довуд дар биёбони Эйн‐Ҷадӣ мебошад».

3 Ва Шоул се ҳазор марди гузинро аз тамоми Исроил гирифта, ба ҷустуҷӯи Довуд ва одамонаш сӯи саҳроҳое рафт, ки маскани бузҳои кӯҳист.

4 Ва ба қӯраи бузу гӯсфандон, ки дар сари роҳ буд, расид, ва дар он ҷо мағорае буд, ва Шоул барои қазои ҳоҷат ба он ҷо даромад; ва Довуд ва одамонаш дар ақсои мағора нишаста буданд.

5 Ва одамони Довуд ба ӯ гуфтанд: «Инак рӯзе ки Худованд дар бораи он ба ту гуфтааст: „Инак, Ман душманатро ба дастат месупорам, ва ҳар чи дар назарат писанд ояд, ба вай хоҳӣ кард“». Ва Довуд бархоста, домани ҷомаи Шоулро оҳиста бурид.

6 Вале баъд аз он, дили Довуд ба изтироб омад аз он ки домани ҷомаи Шоулро буридааст,

7 Ва ӯ ба одамони худ гуфт: «Ҳошо ва калло аз ҷониби Худованд, ки ман чунин амале ба оғои худ, масеҳи Худованд, бикунам, яъне дасти тааддӣ ба вай дароз кунам, зеро ки вай масеҳи Худованд аст».

8 Ва Довуд одамони худро бо ин суханон лат дода, нагузошт, ки онҳо бар Шоул қиём кунанд. Ва Шоул бархоста, аз мағора баромада рафт.

9 Ва баъд аз он Довуд бархоста, аз мағора баромад, ва аз ақиби Шоул фарьёд зада, гуфт: «Эй оғоям, подшоҳ!» Ва Шоул ба ақиби худ нигарист, ва Довуд рӯ ба замин афтода, ба вай саҷда бурд.

10 Ва Довуд ба Шоул гуфт: «Чаро суханони одамонро мешунавӣ, ки мегӯянд: „Инак, Довуд ба ту қасди бад дорад“?

11 Инак, имрӯз чашмонат дидааст, ки Худованд имрӯз туро дар мағора ба дасти ман супурда буд, ва баъзеҳо гуфтанд, ки туро бикушам, вале ман туро амон дода, гуфтам: „Дасти худро бар оғои худ дароз нахоҳам кард, зеро ки вай масеҳи Худованд аст“.

12 Ва бингар, эй падарам, ва домани ҷомаи худро дар дасти ман бубин: модоме ки домани ҷомаи туро буридаам, вале туро накуштаам, бидон ва яқин бидор, ки бадӣ ва ҷинояте дар дасти ман нест, ва ман дар ҳаққи ту гуноҳе накардаам, ва ҳол он ки ту камин мегузорӣ, то ки ҷони маро бигирӣ.

13 Бигзор Худованд дар миёни ману ту доварӣ намояд, ва бигзор Худованд интиқоми маро аз ту бигирад, валекин дасти ман бар ту нахоҳад буд.

14 Чунон ки масали қадимӣ мегӯяд: „Шарорат аз шарирон содир мешавад“, валекин дасти ман бар ту нахоҳад буд.

15 Ба муқобили кист, ки подшоҳи Исроил берун омадааст? Таъқиботи ту ба муқобили кист? Ба муқобили саги мурдаест, ба муқобили як кайкест.

16 Пас бигзор Худованд довар бошад, ва дар миёни ману ту доварӣ намояд, ва даъвои маро бубинад ва бисанҷад, ва маро аз дасти ту бираҳонад».

17 Ва ҳангоме ки Довуд гуфтани ин суханонро ба Шоул ба анҷом расонид, Шоул гуфт: «Оё ин овози туст, эй писарам Довуд?» Ва Шоул овози худро баланд карда, гирист,

18 Ва ба Довуд гуфт: «Ту аз ман одилтар ҳастӣ, зеро ки ту подоши маро бо некӣ расондӣ, ва ҳол он ки ман подоши туро бо бадӣ расондаам.

19 Ва ту имрӯз исбот намудӣ, ки чӣ гуна ба ман некӣ кардӣ, дар сурате ки Худованд маро ба дасти ту супурд, вале ту маро накуштӣ.

20 Ва агар касе душмани худро ёфта бошад, оё варо бо некӣ раҳо мекунад? Бигзор Худованд туро ба бадали он чи имрӯз барои ман кардӣ, бо некӣ подош диҳад.

21 Ва инак алҳол медонам, ки ту ҳатман подшоҳ хоҳӣ шуд, ва мамлакати Исроил дар дасти ту устувор хоҳад гардид.

22 Ва алҳол барои ман ба Худованд қасам бихӯр, ки баъд аз сари ман насли маро несту нобуд нахоҳӣ кард, ва номи маро аз хонадони падарам маҳв нахоҳӣ намуд».

23 Ва Довуд ба Шоул қасам хӯрд. Ва Шоул ба хонаи худ рафт, ва Довуд ва одамонаш ба қалъаи худ баромаданд.

25

БОБИ БИСТУ ПАНҶУМ

Вафоти Самуил. Довуд ва Нобол.

1 Ва Самуил вафот кард; ва тамоми Исроил ҷамъ шуда, барои ӯ навҳагарӣ карданд, ва ӯро дар хонааш, дар Ромо дафн намуданд. Ва Довуд бархоста, ба биёбони Форон фурӯд омад.

2 Ва марде дар Моӯн буд, ки дороияш дар Кармил буд, ва ин мард бағоят сарватдор буда, се ҳазор гӯсфанд ва ҳазор буз дошт; ва ӯ дар мавсими пашмбурии рамаҳояш дар Кармил буд.

3 Ва номи ин мард Нобол, ва номи занаш Абиҷайл буд; ва ин зан оқила ва хушҷамол буд, вале ин мард сахтгир ва бадкор буда, аз хонадони Колеб буд.

4 Ва Довуд дар биёбон шунид, ки Нобол рамаҳояшро пашмбурӣ мекунад.

5 Ва Довуд даҳ ҷавонро фиристод; ва Довуд ба он ҷавонон гуфт: «Ба Кармил бароед, ва назди Нобол рафта, аз номи ман ба ӯ салом расонед.

6 Ва бигӯед: „Зинда бош! Осоиштагӣ бар ту бод, осоиштагӣ бар хонадони ту, осоиштагӣ бар ҳар чизе ки дорӣ!

7 Ва алҳол шунидаам, ки назди ту пашмбурӣ мекунанд. Алҳол чӯпононе ки ту дорӣ, бо мо буданд, ва мо ба онҳо осебе нарасондаем, ва дар тамоми айёме ки онҳо дар Кармил буданд, ҳеҷ як чизашон талаф нашудааст.

8 Аз навкарони худ бипурс, ва онҳо ба ту хоҳанд гуфт. Пас бигзор ин ҷавонон дар назари ту илтифот ёбанд, зеро ки мо дар рӯзи нек омадаем; лутфан, аз он чи зери дасти туст, барои бандагонат ва барои писарат Довуд бидеҳ“».

9 Ва ҷавонони Довуд омада, ин суханонро аз номи Довуд ба Нобол гуфтанд, ва хомӯш монданд.

10 Ва Нобол ба навкарони Довуд ҷавоб гардонида, гуфт: «Довуд кист, ва писари Йисой кист? Имрӯз ғуломони зиёде ҳастанд, ки ҳар яке аз пеши оғоёни худ гурехта рафтаанд.

11 Оё равост, ки ман нони худ ва оби худ ва гӯшти худро, ки барои пашмбурони худ муҳайё кардаам, бигирам ва ба касоне ки намедонам аз куҷо пайдо шудаанд, бидиҳам?»

12 Ва ҷавонони Довуд тоб хӯрда, ба роҳи худ рафтанд; ва гашта омада, ҳамаи ин суханонро ба ӯ хабар доданд.

13 Ва Довуд ба одамони худ гуфт: «Ҳар яке шамшери худро бандед!» Ва ҳар яке шамшери худро бастанд, ва Довуд низ шамшери худро баст. Ва тақрибан чорсад кас аз ақиби Довуд рафтанд, ва дусад кас назди ашьё монданд.

14 Валекин ба Абиҷайл, зани Нобол, яке аз навкаронаш хабар дода, гуфт: «Инак, Довуд қосидонро аз биёбон фиристод, то ки оғои моро табрик гӯянд, вале ӯ ба онҳо дағалона муносибат намуд.

15 Ва ҳол он ки ин одамон ба мо бағоят некӯ рафтор карданд, ва дар тамоми айёме ки мо дар саҳро буда, бо онҳо мегаштем, ба мо осебе нарасидааст, ва ҳеҷ чизи мо талаф нашудааст.

16 Дар тамоми айёме ки мо бо онҳо гашта, рамаҳоро мечаронидем, ҳам рӯзона ва ҳам шабона, онҳо барои мо мисли ҳисоре буданд.

17 Ва алҳол бидон ва бубин, ки чӣ бояд бикунӣ, зеро мусибате бар оғои мо ва бар тамоми хонадонаш таҳдид менамояд; ва ӯ шахси нобакор аст, ба тавре ки бо ӯ гап задан мумкин нест».

18 Ва Абиҷайл шитобон дусадто нон, ва ду машк шароб, ва панҷ гӯсфанди пухта, ва панҷ сео+ 25:18 Сео — андозаи қадимии ҳаҷми ғалладона, ки тақрибан 13 литр гунҷоиш дошт. хӯшабирьён, ва сад сар мавизи соягӣ, ва дусад қурс анҷир гирифта, ба харҳо бор кард.

19 Ва ба навкаронаш гуфт: «Пешопеши ман равона шавед; инак, ман аз қафои шумо меоям». Валекин ба шавҳараш Нобол хабар надод.

20 Ва ҳангоме ки ӯ ба хар савор шуда, бо пайроҳаи ба назар ноаёни кӯҳ мерафт, инак, Довуд ва одамонаш ба пешвози вай фурӯд омаданд, ва ӯ бо онҳо рӯ ба рӯ шуд.

21 Ва Довуд мегуфт: «Ҳақиқатан, ман тамоми дороии ин шахсро дар биёбон беҳуда нигаҳбонӣ намудаам, ва аз тамоми дороии вай чизе талаф нашудааст; валекин вай ба бадали некӣ ба ман бо бадӣ подош додааст.

22 Худованд ба душманони Довуд чунин ва зиёда аз ин бикунад, агар ман то субҳидам аз тамоми дороии вай як наринае боқӣ бигузорам».

23 Ва ҳангоме ки Абиҷайл Довудро дид, шитобон аз болои хар фуромад, ва пеши Довуд рӯ бар замин афтода, ба ӯ саҷда кард.

24 Ва назди поҳои ӯ афтода, гуфт: «Ин гуноҳ бар ман аст, эй оғоям; лутфан, канизат дар гӯши ту сухан гӯяд, ва суханони чӯрии худро бишнав.

25 Бигзор оғоям ба ин марди нобакор, яъне ба Нобол, диққат надиҳад, зеро, номи вай чӣ гуна бошад, худаш ҳамон гуна аст: номаш Нобол+ 25:25 Нобол — зишт. аст, ва зиштӣ бо ӯст. Вале ман, чӯрии ту, навкарони оғоямро, ки ту фиристодӣ, надидаам.

26 Ва алҳол, эй оғоям, қасам ба ҳаёти Худованд ва қасам ба ҳаёти ту, ки Худованд туро аз хунрезӣ нигоҳ дошта, нагузоштааст, ки бо дасти худ интиқом гирӣ; ва алҳол душманонат, ва онҳое ки ба оғоям бадӣ мехоҳанд, бигзор мисли Нобол шаванд.

27 Ва ин аст инъоме ки канизат барои оғоям овардааст, ва он ба навкароне ки ҳамроҳи оғоям мераванд, дода мешавад.

28 Лутфан, аз гуноҳи чӯрии худ гузароӣ намо; яқинан Худованд барои оғоям хонадони матине барқарор хоҳад кард, зеро ки оғоям ҷангҳои Худовандро мебарад, ва тамоми айёми умрат дар ту бадӣ ёфт нахоҳад шуд.

29 Ва агар касе бархоста, туро таъқиб намояд ва қасди ҷони ту кунад, ҷони оғоям бо риштаи ҳаёт назди Худованд Худои ту баста хоҳад буд, вале ҷони душманонатро Ӯ мисли он ки аз даруни фалахмон бошад, дур хоҳад андохт.

30 Ва ҳангоме ки Худованд ба оғоям, мувофиқи ҳар он чи дар бораи ту гуфтааст, некӣ бикунад, ва туро бар Исроил раис таъин намояд,

31 Он гоҳ ин барои ту сабаби таассуф ва барои оғоям азоби виҷдон нахоҳад шуд, ки хуни ноҳақ рехтааст, ва оғоям интиқомро ба дасти худ раво дидааст. Ва ҳангоме ки Худованд ба оғоям некӣ кунад, канизи худро ба ёд хоҳӣ овард».

32 Ва Довуд ба Абиҷайл гуфт: «Муборак аст Худованд Худои Исроил, ки туро имрӯз ба пешвози ман фиристод.

33 Ва хиради ту муборак аст, ва худат муборак ҳастӣ, ки имрӯз маро нагузоштӣ, ки хун бирезам, ва бо дасти худ интиқом гирам.

34 Валекин, қасам ба ҳаёти Худованд Худои Исроил, ки маро аз бадӣ кардан ба ту нигоҳ дошт: агар ту шитобон ба пешвози ман намеомадӣ, албатта назди Нобол то субҳидам наринае боқӣ намемонд».

35 Ва Довуд он чиро, ки барои ӯ оварда буд, аз дасти вай гирифта, ба вай гуфт: «Ба саломатӣ ба хонаат бирав; инак, ман ба овози ту гӯш андохта, туро рӯихотир кардам».

36 Ва Абиҷайл назди Нобол омад, ва инак, базме дар хонаи ӯ мисли базми подшоҳ ороста шуда буд, ва дили Нобол шод гардида, ӯ бағоят маст буд; ва то субҳ вай ба ӯ чизе кам ё зиёд хабар надод.

37 Ва бомдодон, вақте ки мастӣ аз Нобол берун рафт, занаш ин ҳодисаҳоро ба ӯ хабар дод; ва дили ӯ андаруни ӯ шах шуда монд, ва худаш мисли санг гардид.

38 Ва чунин воқеъ шуд, ки баъд аз даҳ рӯз Худованд Ноболро мубталои дард гардонид, ва ӯ мурд.

39 Ва чун Довуд шунид, ки Нобол мурдааст, гуфт: «Муборак аст Худованд, ки ниқори нанги маро аз Нобол ситонидааст, ва бандаи Худро аз бадӣ нигоҳ доштааст, ва бадии Ноболро ба сари вай баргардонидааст». Ва Довуд фиристод, то ба Абиҷайл бигӯянд, ки ӯ мехоҳад варо барои худ ба занӣ бигирад.

40 Ва навкарони Довуд назди Абиҷайл ба Кармил омаданд ва ба вай сухан ронда, гуфтанд: «Довуд моро назди ту фиристод, то ки туро барои худ ба занӣ бигирад».

41 Вай бархост, ва рӯ ба замин саҷда бурда, гуфт: «Инак, канизи ту ҳозир аст чӯрие бишавад, то ки пойҳои навкарони оғоямро бишӯяд».

42 Ва Абиҷайл шитобон бархоста, бар хар савор шуд, ва панҷ канизаш ба вай ҳамроҳӣ карданд; ва аз ақиби қосидони Довуд равона шуд, ва зани ӯ гардид.

Довуд Аҳинӯамро низ барои худ ба занӣ мегирад.

43 Довуд пеш аз ин Аҳинӯами изреъилиро ба зани гирифта буд; ва акнун ҳар дуи онҳо занони ӯ буданд.

44 Ва Шоул духтараш Микалро, ки зани Довуд буд, ба Фалтӣ ибни Лайиш, ки аз Ҷаллим буд, дод.

26

БОБИ БИСТУ ШАШУМ

Довуд бори дуюм Шоулро амон медиҳад.

1 Ва зифиён назди Шоул ба Ҷибъо омада, гуфтанд: «Довуд, охир, дар тали Ҳакило, ки рӯ ба рӯи биёбон аст, пинҳон шудааст».

2 Ва Шоул бархоста, ба биёбони Зиф фурӯд омад, ва се ҳазор марди гузини Исроил ҳамроҳи ӯ буданд, то ки Довудро дар биёбони Зиф ҷустуҷӯ намоянд.

3 Ва Шоул дар Ҷибъои Ҳакило, ки рӯ ба рӯи биёбон, дар сари роҳ аст, ӯрду зад; ва Довуд дар биёбон буд, ва дид, ки Шоул аз паи ӯ омадааст.

4 Ва Довуд ҷосусонро фиристод, ва донист, ки Шоул ҳақиқатан омадааст.

5 Ва Довуд бархоста, ба маконе ки Шоул ӯрду зада буд, омад, ва Довуд ҷоеро, ки Шоул ва сарлашкараш Абнир ибни Нир дар он хобида буданд, дид; ва Шоул андаруни давра мехобид, ва қавм гирдогирди ӯ ҷойгир шуда буданд.

6 Ва Довуд ба Аҳималики ҳиттӣ ва Абишой ибни Саруё, бародари Юоб, муроҷиат намуда, гуфт: «Кист, ки бо ман назди Шоул ба ӯрдугоҳ фурӯд ояд?» Ва Абишой гуфт: «Ман бо ту фурӯд меоям».

7 Ва Довуд ва Абишой шабона назди қавм омаданд, ва инак Шоул андаруни давра ёзида хобидааст, ва найзааш пеши сараш дар замин халонида шудааст; ва Абнир ва қавм гирдогирди ӯ хобидаанд.

8 Ба Абишой ба Довуд гуфт: «Худо имрӯз душмани туро ба дасти ту супурдааст; ва алҳол ба ман изн бидеҳ, то ки ӯро бо як зарбаи найза ба замин бидӯзам, ва барои зарбаи дуюм ҳоҷат нахоҳад буд».

9 Вале Довуд ба Абишой гуфт: «Ӯро накуш, зеро кист, ки дасти худро ба масеҳи Худованд дароз карда, беҷазо монда бошад?»

10 Ва Довуд гуфт: «Касам ба ҳаёти Худованд, ки ӯро ё Худованд маҳв хоҳад кард, ё аҷалаш расида хоҳад мурд, ё ба ҷанг рафта, нобуд хоҳад шуд.

11 Хошо аз тарси Худованд, ки ман дасти худро ба масеҳи Худованд дароз кунам! Ва алҳол, лутфан, найзаеро, ки пеши сараш мебошад, ва кӯзаи обро бигир, ва мо ба роҳи худ биравем».

12 Ва Довуд найза ва кӯзаи обро аз пеши сари Шоул гирифт, ва онҳо ба роҳи худ рафтанд; ва касе надид, ва касе нафаҳмид, ва касе бедор нашуд, чунки ҳама ғарқи хоб буданд, зеро хоби сахте аз ҷониби Худованд бар онҳо ғолиб омада буд.

13 Ва Довуд ба тарафи дигар гузашта, бар қуллаи кӯҳ аз дурдаст истод, ба тавре ки масофаи бузурге дар миёни онҳо буд.

14 Ва Довуд қавм ва Абнир ибни Нирро хонда, гуфт: «Эй Абнир, ҷавоб деҳ!» Ва Абнир ҷавоб гардонида, гуфт: «Ту кистӣ, ки подшоҳро мехонӣ?»

15 Ва Довуд ба Абнир гуфт: «Ту, охир, мард ҳастӣ, ва дар Исроил кист, ки мисли ту бошад? Пас чаро оғои худ подшоҳро нигаҳбонӣ намекунӣ? Зеро яке аз миёни қавм омада буд, то ки оғои ту подшоҳро ба ҳалокат бирасонад.

16 Ин коре ки ту кардаӣ, хуб нест; қасам ба ҳаёти Худованд, ки ҳамаи шумо сазовори қатл ҳастед, чунки оғои худ, масеҳи Худовандро нигаҳбонӣ накардаед. Ва алҳол бубин, ки найзаи подшоҳ ва кӯзаи об, ки пеши сараш буд, куҷост?»

17 Ва Шоул овози Довудро шинохта, гуфт: «Оё ин овози туст, эй писарам Довуд?» Ва Довуд гуфт: «Овози ман аст, эй оғоям подшоҳ».

18 Ва гуфт: «Ин аз чӣ сабаб аст, ки оғоям бандаи худро таъқиб мекунад? Ман чӣ кардаам, ва чӣ шарорате дар дасти ман аст?

19 Ва алҳол, лутфан, оғоям подшоҳ суханони бандаашро бишнавад: агар Худованд туро ба муқобили ман барангехта бошад, бигзор Ӯ ҳадияи маро қабул кунад; валекин агар банӣ‐одам барангехта бошанд, бигзор онҳо ба ҳузури Худованд малъун бошанд, зеро ки онҳо имрӯз маро аз тааллуқ доштан ба мулки Худованд бадар ронда, мегӯянд: „Рафта худоёни дигарро ибодат намо“.

20 Ва алҳол бигзор хуни ман дур аз ҳузури Худованд бар замин рехта нашавад, зеро ки подшоҳи Исроил барои ҷустуҷӯи як кайке берун омадааст, чунон ки кабкеро дар кӯҳҳо таъқиб мекунанд».

21 Ва Шоул гуфт: «Ман хато кардам! Баргард, эй писарам Довуд, зеро ба ту дигар бадӣ нахоҳам кард, чунки имрӯз ҷони ман дар назари ту азиз буд; инак, аблаҳона рафтор карда, бағоят гумроҳ гардидам».

22 Ва Довуд ҷавоб дода, гуфт: «Инак найзаи подшоҳ; бигзор яке аз амрадон ба ин ҷо гузашта, онро гирад.

23 Ва Худованд бигзор ба ҳар кас бар тибқи адолати вай ва садоқати вай подош диҳад, чунки Худованд туро имрӯз ба дастам супурд, вале ман нахостам дасти худро бар масеҳи Худованд дароз кунам.

24 Ва инак, чунон ки имрӯз ҷони ту дар назари ман азиз буд, ончунон ҷони ман ҳам бигзор дар назари Худованд азиз бошад, ва Ӯ маро аз ҳар мусибат халосӣ диҳад».

25 Ва Шоул ба Довуд гуфт: «Муборак ҳастӣ ту, эй писарам Довуд, ки ҳам корҳои бузург хоҳӣ кард ва ҳам комьёб хоҳӣ шуд». Ва Довуд ба роҳи худ рафт, ва Шоул ба макони худ баргашт.

27

БОБИ БИСТУ ҲАФТУМ

Нобоварии Довуд. Довуд дар миёни фалиштиён.

1 Ва Довуд дар дили худ гуфт: «Алҳол ягон рӯз ба дасти Шоул афтода, талаф хоҳам шуд; барои ман чизе беҳтар аз он нест, ки ба замини фалиштиён бигрезам, ва Шоул аз умеди дастгир кардани ман дар тамоми ҳудуди Исроил ноумед хоҳад гардид, ва ман аз дасти ӯ раҳо хоҳам шуд».

2 Ва Довуд бархоста, бо шашсад одаме ки ҳамроҳи ӯ буданд, сӯи Окиш ибни Моӯк, подшоҳи Ҷат, гузашт.

3 Ва Довуд назди Окиш дар Ҷат сокин шуд, — худаш ва одамонаш, ҳар яке бо аҳли байташ, ва Довуд бо ду занаш: Аҳинӯами изреъилӣ ва собиқ зани Нобол, Абиҷайли кармилӣ.

4 Ва ба Шоул хабар расид, ки Довуд ба Ҷат гурехтааст; ва дигар ӯро ҷустуҷӯ накард.

5 Ва Довуд ба Окиш гуфт: «Лутфан, агар ман дар назари ту илтифот ёфта бошам, ба ман дар яке аз шаҳрҳои хурд маконе бидиҳанд, то ки дар он ҷо сокин шавам; чаро бандаат дар шаҳри подшоҳнишин бо ту сукунат дошта бошам?»

6 Ва Окиш дар он рӯз ба ӯ Сиқлоҷро дод; бинобар ин Сиқлоҷ то имрӯз аз они подшоҳони Яҳудост.

7 Ва шумораи рӯзҳое ки Довуд дар кишвари фалиштиён сукунат дошт, як солу чор моҳ буд.

8 Ва Довуд бо одамонаш мебаромад, ва онҳо бар ҷашуриён, ҷизриён ва амолеқиён тохтутоз мекарданд, зеро ки ин қабилаҳо аз қадимулайём дар он замин то роҳи Шур ва то замини Миср сокин буданд.

9 Ва Довуд он заминро валангор карда, марде ва занеро зинда намегузошт, ва бузу гӯсфандон, ва говон, ва харон, ва шутурон ва либоси онҳоро мегирифт, ва баргашта, назди Окиш меомад.

10 Ва Окиш мегуфт: «Имрӯз ба куҷо тохтутоз кардед?» Ва Довуд мегуфт: «Ба ҷануби Яҳудо, ва ҷануби ераҳмиэлиён, ва ҷануби қениён».

11 Ва Довуд марде ва занеро зинда намегузошт, то ки ба Ҷат биёрад, зеро ки мегуфт: «Мабодо онҳо дар бораи мо хабар дода, гӯянд: „Довуд чунин амал кард“». Дар тамоми айёме ки ӯ дар кишвари фалиштиён сукунат дошт, тарзи рафтораш чунин буд.

12 Ва Окиш ба Довуд имон оварда, ба дили худ мегуфт: «Вай дар назари қавми худ Исроил тамоман нафратангез гардидааст, ва ба сурати абадӣ бандаи ман хоҳад буд».

28

БОБИ БИСТУ ҲАШТУМ

Довуд дар миёни душманони Исроил.

1 Ва дар он айём чунин воқеъ шуд, ки фалиштиён сарбозони худро дар лашкаргоҳҳо ҷамъ оварданд, то ки бо Исроил ҷанг кунанд. Ва Окиш ба Довуд гуфт: «Яқинан бидон, ки ту ва одамонат ҳамроҳи ман баромада, ба лашкаргоҳ хоҳӣ омад».

2 Ва Довуд ба Окиш гуфт: «Ин тавр бошад, ту хоҳӣ донист, ки бандаат чӣ хоҳад кард». Ва Окиш ба Довуд гуфт: «Пас, ман туро ба таври доимӣ посбони сари худ таъин хоҳам намуд».

3 Ва Самуил вафот ёфт, ва тамоми Исроил барои ӯ навҳагарӣ карданд, ва ӯро дар шаҳраш Ромо дафн намуданд. Ва Шоул ҷодугарон ва азоимхононро аз мамлакат бадар ронд.

4 Ва фалиштиён ҷамъ шуда омаданд ва дар Шунам ӯрду заданд. Ва Шоул тамоми Исроилро ҷамъ кард, ва онҳо дар Ҷилбӯа ӯрду заданд.

5 Ва ҳангоме ки Шоул лашкаргоҳи фалиштиёнро дид, ба ҳарос афтод, ва дилаш музтариб гардид.

6 Ва Шоул аз Худованд пурсид, вале Худованд ба ӯ ҷавоб нагардонд, — на ба воситаи хобҳо, на ба воситаи урим ва на ба воситаи анбиё.

7 Ва Шоул ба навкаронаш гуфт: «Барои ман занаки ҷодугареро ҷустуҷӯ кунед, то наздаш рафта, аз вай пурсам». Ва навкаронаш ба ӯ гуфтанд: «Инак, занаки ҷодугар дар Эйн‐Дӯр мебошад».

8 Ва Шоул намуди зоҳирии худро дигаргун сохта, либоси дигаре дар бар кард, ва ду нафарро аз одамонаш ҳамроҳи худ гирифта, равона шуд, ва шабона онҳо назди занак омаданд. Ва ӯ гуфт: «Лутфан, ба воситаи ҷоду барои ман фол бикшо, ва касеро, ки ба ту бигӯям, аз бароям барор».

9 Вале занак ба ӯ гуфт: «Инак, он чиро, ки Шоул кардааст, ту медонӣ, ки ӯ ҷодугарон ва азоимхононро аз мамлакат барҳам додааст; пас чаро ту ба муқобили ҷони ман дом мегузорӣ, то ки маро ба ҳалокат бирасонӣ?»

10 Ва Шоул барои вай ба Худованд қасам хӯрда, гуфт: «Қасам ба ҳаёти Худованд, ки ту барои ин кор ҷазое нахоҳӣ кашид».

11 Ва занак гуфт: «Киро бароят барорам?» Ва ӯ гуфт: «Самуилро бароям барор».

12 Ва занак Самуилро дид, ва бо овози баланд дод зад; ва занак ба Шоул сухан ронда, гуфт: «Чаро маро фиреб додӣ? Ту, охир, Шоул ҳастӣ!»

13 Ва подшоҳ ба вай гуфт: «Натарс; чӣ дидӣ?» Ва занак ба Шоул гуфт: «Худоеро дидам, ки аз замин мебарояд».

14 Ва ӯ ба вай гуфт: «Намуди зоҳириаш чӣ гуна аст?» Ва вай гуфт: «Марди пире мебарояд, ва ӯ ҷомае дар бар кардааст». Ва Шоул донист, ки ин Самуил аст, ва рӯ ба замин афтода, саҷда бурд.

15 Ва Самуил ба Шоул гуфт: «Чаро маро безобита намуда, барозардӣ?» Ва Шоул гуфт: «Ман бағоят ба танг омадаам, чунки фалиштиён бо ман ҷанг мекунанд, ва Худо аз ман дур шудааст, ва дигар ба ман на ба воситаи анбиё ҷавоб медиҳад, на ба воситаи хобҳо; бинобар ин туро хондам, то маро ҳидоят намоӣ, ки чӣ бояд бикунам».

16 Ва Самуил гуфт: «Чаро аз ман мепурсӣ, дар сурате ки Худованд аз ту дур шуда, ба душмани ту табдил ёфтааст?

17 Ва Худованд Худаш тавре амал намудааст, ки ба воситаи ман гуфта буд; ва Худованд мамлакатро аз дасти ту кашида гирифта, ба ёри ту Довуд онро додааст.

18 Азбаски ту ба овози Худованд гӯш надодӣ, ва оташи ғазаби Ӯро бар Амолеқ фурӯ нарехтӣ, бинобар ин Худованд имрӯз ин корро дар ҳаққи ту кардааст.

19 Ва Худованд Исроилро низ бо ту ба дасти фалиштиён хоҳад супурд, ва фардо ту ва писаронат назди ман хоҳед буд; ӯрдугоҳи Исроилро низ Худованд ба дасти фалиштиён хоҳад супурд».

20 Ва Шоул дарҳол бо тамоми қоматаш бар замин афтод, ва аз суханони Самуил бағоят тарсид; дар айни ҳол ӯ маҷол ҳам надошт, зеро ки тамоми рӯз ва тамоми шаб хӯрок нахӯрда буд.

21 Ва он занак наздики Шоул омада, дид, ки ӯ бағоят ба ҳарос афтодааст, ва ба ӯ гуфт: «Инак, чӯрии ту ба овозат гӯш дод, ва ман ҷони худро ба кафи даст гирифта, ба суханоне ки ба ман гуфтӣ, итоат кардам.

22 Ва алҳол, лутфан, ту низ ба овози чӯрии худ гӯш деҳ: ман як порча нон пеши ту бимонам, то ки бихӯрӣ, ва қувват пайдо карда, ба роҳи худ биравӣ».

23 Вале ӯ рад намуда, гуфт: «Намехӯрам!» Валекин навкаронаш ва он занак аз ӯ бисьёр илтимос карданд, ва ӯ ба овози онҳо гӯш дода, розӣ шуд, ва аз замин бархоста, бар кӯрпача нишаст.

24 Ва он занак гӯсолаи охурӣ дар хона дошт, ва бо зудӣ онро забҳ намуд; ва орд гирифта, хамир кард ва фатир пухт.

25 Ва пеши Шоул ва навкаронаш монд; ва онҳо хӯрданд ва баъд бархоста, ҳамон шаб рафтанд.

29

БОБИ БИСТУ НӮҲУМ

Довуд бо мӯъҷизаи Худо аз хуруҷи зидди Исроил фориғ шуд.

1 Ва фалиштиён ҳамаи лашкарҳои худро дар Афеқ ҷамъ карданд; ва исроилиён назди чашмае ки дар Изреъил аст, ӯрду заданд.

2 Ва сарварони фалиштиён бо фавҷҳои саднафарӣ ва ҳазорнафарӣ мегузаштанд, вале Довуд ва одамонаш бо Окиш аз ақиб равона буданд.

3 Ва мирони фалиштиён гуфтанд: «Ин ибриён кистанд?» Ва Окиш ба мирони фалиштиён гуфт: «Ин, охир, Довуд — бандаи Шоул подшоҳи Исроил — аст, ки як‐ду сол боз назди ман мебошад, ва аз рӯзи омаданаш то имрӯз аз ӯ айбе наёфтаам».

4 Ва мирони фалиштиён бар ӯ хашмгин шуданд, ва мирони фалиштиён ба ӯ гуфтанд: «Ин мардро баргардон, то ба маконе ки барояш таъин намудаӣ, гашта равад, ва бо мо ба ҷанг набарояд, ва дар ҷанг ба мо душманӣ накунад, зеро вай бо чӣ чизе метавонад бо оғои худ оштӣ шавад? Оё на бо каллаҳои ин одамон?

5 Ин, охир, ҳамон Довуд аст, ки дар бораи вай рақскунон месуруданд:

„Шоул ҳазорҳоро мағлуб кард,

вале Довуд — беварҳоро!“»

6 Ва Окиш Довудро даъват намуда, ба ӯ гуфт: «Қасам ба Худованд, ки ту дилсоф ҳастӣ, ва бо ман дар ӯрдугоҳ даробаро карданат дар назари ман писанд меояд, зеро аз рӯзе ки назди ман омадаӣ, то имрӯз аз ту бадӣ надидаам; вале дар назари сарварон ту хуб нестӣ.

7 Ва алҳол баргашта, ба саломатӣ бирав, ва коре накун, ки ба назари сарварони фалиштиён бад намояд».

8 Ва Довуд ба Окиш гуфт: «Ман чӣ кардаам, ва аз рӯзе ки назди ту омадаам, то имрӯз дар бандаат чӣ ёфтаӣ, ки ман наоям ва бо душманони оғоям подшоҳ ҷанг накунам?»

9 Ва Окиш ба Довуд ҷавоб гардонда, гуфт: «Медонам, ки ту дар назарам мисли фариштаи Худо нек ҳастӣ, аммо мирони фалиштиён гуфтанд: „Вай бо мо ба ҷанг набарояд“.

10 Ва алҳол бомдодон бо навкарони оғоят, ки бо ту омадаанд, бармаҳал бархез; ва чун бомдодон бармаҳал бархостед, бароятон ҳаво равшан ки шуд, биравед».

11 Ва Довуд бо одамонаш бомдодон бармаҳал бархост, то ки ба замини фалиштиён баргардад. Ва фалиштиён ба Изреъил баромаданд.

30

БОБИ СИЮМ

Довуд аз тороҷгарони Сиқлоҷ интиқом меситонад.

1 Ва ҳангоме ки Довуд ва одамонаш дар рӯзи сеюм ба Сиқлоҷ расиданд, маълум шуд, ки амолеқиён ба ҷануб ва ба Сиқлоҷ ҳуҷум кардаанд, ва Сиқлоҷро торумор намуда, онро ба оташ сӯзонидаанд.

2 Ва занон ва ҳар каси дар он бударо, аз хурд то калон, асир кардаанд, ҳеҷ касро накуштаанд, балки ба асирӣ бурда, ба роҳи худ рафтаанд.

3 Ва Довуд бо одамонаш ба шаҳр омад, ва инак, он ба оташ сӯхтааст, ва занон ва писарон ва духтаронашон асир гардидаанд.

4 Ва Довуд ва қавме ки бо ӯ буданд, овози худро баланд карда, гиристанд, то ба дараҷае ки дигар маҷоли гиристан надоштанд.

5 Ва ду зани Довуд: Аҳинӯами изреъилӣ ва Абиҷайл, зани Ноболи кармилӣ, асир шуда буданд.

6 Ва Довуд бағоят ба танг омад, зеро ки қавм мехостанд ӯро сангсор кунанд, чунки тамоми қавм — ҳар яке барои писарону духтаронашон — талхком гардида буданд; вале Довуд ба Худованд Худои худ таваккал намуда, қувват меёфт.

7 Ва Довуд ба Абьётори коҳин, ибни Аҳималик, гуфт: «Лутфан, эфӯдро назди ман биёр». Ва Абьётор эфӯдро назди Довуд овард.

8 Ва Довуд аз Худованд пурсида, гуфт: «Оё ин фавҷро дунболагирӣ намоям? Оё ба онҳо метавонам бирасам?» Ва ба ӯ гуфт: «Дунболагирӣ намо! Зеро ки ҳатман ба онҳо хоҳӣ расид ва раҳо хоҳӣ кард».

9 Ва Довуд бо шашсад нафаре ки ҳамроҳи ӯ буданд, равона шуд; ва онҳо ба рӯди Басӯр расиданд; ва онҳое ки хаста шуда буданд, дар он ҷо бозистоданд.

10 Ва Довуд бо чорсад нафар дунболагириро давом дод, вале дусад нафаре ки хаста шуда, натавониста буданд аз рӯди Басӯр бигзаранд, бозистоданд.

11 Ва дар саҳро шахси мисриро ёфта, ӯро назди Довуд оварданд; ва ба ӯ нон доданд, ки бихӯрад, ва ӯро об нӯшониданд.

12 Ва ба ӯ порчае аз қурси анҷир ва ду сар ангури соягӣ доданд, ва ӯ хӯрда, ба худ омад, зеро ки се рӯз ва се шаб на нон хӯрда буд ва на об нӯшида буд.

13 Ва Довуд ба ӯ гуфт: «Ту аз они кӣ ҳастӣ ва аз куҷо мебошӣ?» Ӯ гуфт: «Ман ҷавони мисрӣ ва ғуломи шахси амолеқӣ ҳастам, ва оғоям маро партофтааст, зеро се рӯз аст, ки ман беморам.

14 Мо ба ҷануби каритиён, ва ба мулки Яҳудо, ва ба ҷануби Колеб тохтутоз кардем, ва Сиқлоҷро ба оташ сӯзондем».

15 Ва Довуд ба ӯ гуфт: «Оё ту маро ба он фавҷ бурда мерасонӣ?» Ӯ гуфт: «Барои ман ба Худо қасам бихӯр, ки маро нахоҳӣ кушт, ва маро ба дасти оғоям нахоҳӣ супурд, ва ман туро ба он фавҷ хоҳам расонд».

16 Ва ӯ варо бурда расонд, ва инак, онҳо бар рӯи тамоми он замин паҳн шуда, мехӯрданд ва менӯшиданд ва шодӣ мекарданд ба муносибати тамоми он ғанимати бузурге ки аз замини фалиштиён ва аз замини Яҳудо гирифта буданд.

17 Ва Довуд онҳоро аз сари шаб то бегоҳии рӯзи дигар зарба мезад; ва касе аз онҳо раҳо нашуд, ғайр аз чорсад нафар ҷавононе ки бар шутурҳо савор шуда, рӯ ба гурез оварданд.

18 Ва Довуд ҳар чиро, ки амолеқиён гирифта буданд, раҳо кард; ва ду зани худро Довуд раҳо кард.

19 Ва онҳо аз ҳеҷ чизи хурд ва калон маҳрум нашуданд: на аз писарон ва духтарон, на аз ғанимат ва на аз ҳар чизе ки аз онҳо гирифта бурда буданд: ҳамаашро Довуд баргардонид.

20 Ва Довуд ҳамаи бузу гӯсфандон ва говонро гирифт, ва онҳоро пешопеши чорвои худ ронда, мегуфтанд: «Ин ғанимати Довуд аст».

21 Ва Довуд назди он дусад нафар, ки натавониста буданд аз ақиби Довуд бираванд, ва ӯ онҳоро пеши рӯди Басӯр монда буд, омад, ва онҳо ба пешвози Довуд ва ба пешвози қавме ки бо ӯ буданд, баромаданд; ва Довуд ба ин қавм наздик омад ва аз саломатии онҳо пурсид.

22 Вале ҳамаи шахсони бад ва нобакор аз миёни одамоне ки бо Довуд рафта буданд, сухан ронда, гуфтанд: «Азбаски онҳо бо мо нарафтанд, аз ғанимате ки ба даст овардем, ба онҳо чизе нахоҳем дод, балки бигзор ҳар кас фақат занаш ва бачагонашро гирифта, бо онҳо баромада равад».

23 Вале Довуд гуфт: «Ин тавр амал накунед, эй бародаронам, дар сурате ки ни чизҳоро Худованд ба мо додааст, ва моро нигаҳбонӣ намудааст, ва он фавҷро, ки бар мо тохтутоз карда буд, ба дасти мо супурдааст.

24 Ва кист, ки дар ин бобат ба шумо гӯш диҳад? Зеро ҳиссаи касе ки назди ашьё мемонад, мисли ҳиссаи касе ки ба ҷанг меравад, хоҳад буд; бояд ба ҳама баробар тақсим карда шавад».

25 Ва аз он рӯз эътиборан ҳамин тавр шуд, ва инро ӯ ҳамчун қонун ва қоида барои Исроил то имрӯз қарор додааст.

26 Ва Довуд ба Сиқлоҷ омад, ва аз он ғанимат ба пирони Яҳудо, ки ёрони ӯ буданд, фиристода, гуфт: «Инак тӯҳфае аз ғанимати душманони Худованд барои шумо», —

27 Барои аҳли Байт‐Ил, ва аҳли Ромои ҷанубӣ, ва аҳли Яттир,

28 Ва барои аҳли Арӯэр, ва аҳли Сифмӯт, ва аҳли Эштемӯа,

29 Ва барои аҳли Рокол, ва аҳли шаҳрҳои ераҳмиэлиён, ва аҳли шаҳрҳои қениён,

30 Ва барои аҳли Ҳормо, ва аҳли Кӯр‐Ошон, ва аҳли Аток,

31 Ва барои аҳли Ҳебрӯн ва ҳамаи ҷойҳое ки Довуд бо одамонаш дар онҳо омаду рафт мекард.

31

БОБИ СИЮ ЯКУМ

Фавти Шоул ва писаронаш.

1 Ва фалиштиён бо Исроил ҷанг мекарданд, ва мардуми Исроил аз пеши фалиштиён гурехтанд, ва бар кӯҳи Ҷилбӯа шаҳид шуда афтоданд.

2 Ва фалиштиён ба Шоул ва писаронаш омада расиданд; ва фалиштиён Йӯнотон ва Абинодоб ва Малкишуа — писарони Шоулро куштанд.

3 Ва ҷанг бар зидди Шоул сахт шуд; ва сарбозоне ки тир аз камон меандохтанд, ӯро ба зери тир гирифтанд; ва ӯ аз дасти тирандозон бағоят дилтанг шуд.

4 Ва Шоул ба силоҳбардори худ гуфт: «Шамшери худро кашида, маро бо он бизан, мабодо ин номахтунон омада, маро ба хорӣ бикушанд». Вале силоҳбардораш нахост, зеро ки бағоят тарсид; ва Шоул шамшери худро гирифта, бар он афтод.

5 Ва силоҳбардораш дид, ки Шоул мурд, вай низ бар шамшери худ афтода, бо ӯ мурд.

6 Ба ҳамин тариқ Шоул ва се писараш ва силоҳбардораш, низ ҳамаи одамонаш дар он рӯз якҷоя мурданд.

7 Ва мардуми Исроил, ки дар он тарафи водӣ ва дар он тарафи Урдун буданд, чун диданд, ки исроилиён рӯ ба гурез овардаанд, ва Шоул ва писаронаш мурдаанд, — шаҳрҳоро партофта, гурехтанд, ва фалиштиён омада, дар онҳо сокин шуданд.

8 Ва фардояш фалиштиён барои луч кардани шаҳидон омаданд, ва Шоул ва се писарашро ёфтанд, ки бар кӯҳи Ҷилбӯа афтода буданд.

9 Ва сари ӯро буриданд, ва аслиҳаи ӯро гирифтанд, ва ба ҳар тарафи замини фалиштиён фиристоданд, то ки ба бутхонаҳои худ ва ба қавм башорат диҳанд.

10 Ва аслиҳаи ӯро дар хонаи Аштора гузоштанд, ва ҷасадашро бар ҳисори Байт‐Шон овехтанд.

11 Ва сокинони Ёбиш‐Ҷилъод он чиро, ки фалиштиён ба Шоул карда буданд, шуниданд,

12 Ва ҳамаи мардони далер бархоста, тамоми шаб роҳ паймуданд, ва ҷасади Шоул ва ҷасади писаронашро аз ҳисори Байт‐Шон гирифтанд, ва ба Ёбиш омада, онҳоро дар он ҷо сӯзониданд.

13 Ва устухонҳои онҳоро гирифта, зери дарахти газ, ки дар Ёбиш аст, дафн карданд. Ва ҳафт рӯз рӯза доштанд.