НОМАИ ЯКУМИ
ҲАВВОРИИ МУҚАДДАС ПЕТРУС
1БОБИ ЯКУМ
Уқубати масеҳиён имонро мустаҳкам мекунад ва сӯи наҷот мебарад.
1 Петрус, ки ҳаввории Исои Масеҳ аст, ба ғарибоне ки дар вилоятҳои Понтус, Ғалотия, Каппадукия, Осиё ва Битуния пароканда мебошанд,
2 Ва мувофиқи таъиноти пешакии Худои Падар, бо тақдиси Рӯҳ, барои итоат ва пошидани Хуни Исои Масеҳ интиҳоб шудаанд: файз ва осоиштагӣ бар шумо фаровон бод.
Дар бораи умеди пур аз ҷалоли имондорон.
3 Муборак аст Худо ва Падари Худованди мо Исои Масеҳ, ки бо марҳамати бузурги Худ, ба василаи эҳьёи Исои Масеҳ аз мурдагон, моро аз нав ба вуҷуд овард барои умеди зинда,
4 Барои мероси бефано, пок ва пажмурданашаванда, ки дар осмон барои шумо маҳфуз аст,
5 Ки бо қуввати Худо ба воситаи имон нигоҳ дошта мешавед барои наҷоте ки муҳайё шудааст, то ки дар замони охир ба зуҳур ояд.
6 Дар ин бора шодӣ кунед, дар сурате ки ҳоло, агар лозим шавад, аз озмоишҳои гуногун андаке андӯҳгин мешавед.
7 Имони шумо аз тилло, ки бо вуҷуди озмуда шуданаш дар оташ ҳам фонӣ мебошад, гаронбаҳотар аст. Ин имон аз имтиҳон мегузарад ва барои ҳамд ва шавкат ва ҷалол дар вақти зуҳури Исои Масеҳ холис ба миён меояд.
8 Шумо Ӯро надида дӯст медоред, ва агарчи Ӯро ҳанӯз надидаед, ба Ӯ имон меоваред ва бо шодмонии молокалом ва пур аз ҷалол шодӣ мекунед
9 Ва ба мақсади имони худ, яъне ба наҷоти ҷонҳотон ноил мешавед.
10 Тафтишот ва тадқиқоти анбиё ба ҳамин наҷот тааллуқ дошт, ва онҳо файзеро, ки барои шумо таъин шуда буд, пешгӯӣ кардаанд.
11 Онҳо тадқиқ намудаанд, ки кадом ва чӣ гуна замонро Рӯҳи Масеҳе ки андаруни онҳо буд, нишон додааст, вақте ки Он аз уқубатҳои Масеҳ ва аз ҷалоле ки баъд аз он фаро хоҳад расид, пешакӣ хабар медод.
12 Ба онҳо ошкор шуда буд, ки на ба худашон, балки ба мо хизмат кардаанд дар хусуси он чи ҳоло ба шумо мавъиза шудааст ба воситаи онҳое ки бо Рӯҳулқудси аз осмон фиристодашуда ба шумо башорат додаанд, яъне он чи, ки фариштагон мехоҳанд андарунаш назар андозанд.
Тақдиси имондорон ба воситаи хуни қурбонии Масеҳ.
13 Бинобар ин, камари ақли худро маҳкам баста ва ҳушьёр шуда, ба файзе ки дар вақти зуҳури Исои Масеҳ ба шумо ато хоҳад шуд, комилан умедвор бошед.
14 Ҳамчун бачагони фармонбардор, ба ҳавасҳои пештарае ки дар вақти нодонии худ доштед, мувофиқат накунед,
15 Балки, чунон ки Даъваткунандаи шумо муқаддас аст, худатон низ дар тамоми рафторатон муқаддас бошед,
16 Зеро ки навишта шудааст: «Муқаддас бошед, чунки Ман муқаддас ҳастам».
17 Ва агар шумо Ӯро Падар мехонед, ки бе рӯйбинӣ ҳар касро аз рӯи аъмолаш доварӣ мекунад, пас замони ғурбати худро бо худотарсӣ бигзаронед,
18 Чун медонед, ки шумо на бо фидияи нуқра ё тилло харида шудаед аз ҳаёти ботиле ки аз падарони худ мерос гирифтаед,
19 Балки бо Хуни гаронбаҳои Масеҳ, ҳамчун барраи беайб ва пок,
20 Ки пеш аз таъсиси ҷаҳон пешакӣ таъин шуда буд, лекин дар замони охир барои шумо зоҳир шудааст,
21 Ки ба воситаи Масеҳ шумо ба Худое имон овардед, ки Масеҳро аз мурдагон эҳьё кард ва ба Ӯ ҷалол бахшид, то ки шумо ба Худо имон ва умед дошта бошед.
22 Чун ҷонҳои худро бо итоати ростӣ ба воситаи Рӯҳ барои бародардӯстии бериё пок кардаед, доимо якдигарро аз самими қалб дӯст бидоред,
23 Ҳамчун касоне ки аз нав ба вуҷуд омадаед на аз тухми фонӣ, балки аз тухми бефано, ба василаи каломи Худо, ки зинда аст ва то абад боқист.
24 Зеро ки ҳар ҷисм мисли алаф аст, ва ҳар ҷалоли одамӣ — мисли гули алаф; алаф хушк мешавад, ва гули он мерезад;
25 Аммо каломи Худованд то абад боқист. Ва ин аст он каломе ки ба шумо мавъиза шудааст.
2БОБИ ДУЮМ
Дар бораи нашъунамо ёфтан дар ҳолати масеҳӣ.
1 Пас, ҳар кина ва ҳар макр ва риё ва ҳасад ва ҳар бадгӯиро аз худ дур карда,
2 Чун кӯдакони навзод муштоқи шири поки калом бошед, то ки аз он барои наҷот нашъунамо ёбед,
3 Агар ҳақиқатан чашидаед, ки Худованд некӯст.
Қавми Худо бар ҳасби аҳди ҷадид.
4 Ва чун наздик мешавед ба Ӯ, яъне ба санги зиндае ки одамон рад карданд, вале Худованд онро баргузид ва гаронбаҳо мешуморад,
5 Худатон низ, ҳамчун сангҳои зинда, аз худ ҳонаи рӯҳонӣ, каҳонати муқаддас барпо намоед, то ки қурбониҳои рӯҳонии мақбули Худоро ба василаи Исои Масеҳ тақдим кунед.
6 Зеро ки дар Навишта гуфта шудааст:
«Инак, Ман дар Сион санги зовия мегузорам,
ки баргузида ва гаронбаҳост;
ва касе ки ба Он имон оварад, хиҷил наҳоҳад шуд».
7 Пас, Он барои шумо, имондорон, чизи гаронбаҳост, аммо барои беимонон сангест, ки меъморон рад кардаанд, лекин он санги сари гӯшаи бино гардидааст,
8 Ва санги пешпо ва сахраи васваса, зеро ки онҳо, ба калом итоат накарда, ба ин санг пешпо мехӯранд, ки барои ҳамин ҳам таъин шудаанд.
9 Лекин шумо насли баргузида, каҳонати шоҳона, халқи муқаддас, қавме ҳастед, ки мулки азизи Худо дониста шудаед, то аз камолоти Ӯ, ки шуморо аз зулмот ба рӯшноии аҷоиби Худ даъват намудааст, нақл кунед, —
10 Шумо, ки як вақте қавм набудед, вале ҳоло қавми Худо ҳастед; як вақте аз марҳамат маҳрум будед, вале ҳоло ба он ноил шудаед.
Муҳоҷирати имондорон ҳамчун ғарибон дар он дуньё.
1. Муҳоҷират дар миёни халқҳо.
11 Эй маҳбубон! Аз шумо, ҳамчун ғарибон ва муҳоҷирон, хоҳишмандам, ки аз ҳавасҳои ҷисм, ки бар зидди ҷон қиём мекунанд, парҳез намоед
12 Ва дар миёни халқҳо умри некӯкорона ба сар баред, то ки онҳо ба ҷои он ки дар ҳаққи шумо ҳамчун бадкирдорон бадгӯӣ кунанд, аъмоли некатонро дида, Худоро дар рӯзи тафаққуд ҳамду сано хонанд.
2. Ӯҳдадориҳо нисбат ба ҳукуматдорон.
13 Пас, ба хотири Худованд ба ҳар сарвари одамӣ итоат намоед: хоҳ ба подшоҳ, ҳамчун ҳокимияти олӣ,
14 Хоҳ ба ҳокимон, ҳамчун касоне ки аз ҷониби вай фиристода мешаванд, то ки ҷинояткоронро ҷазо диҳанд ва некӯкоронро тақдир кунанд, —
15 Зеро чунин аст иродаи Худо, то ки мо бо некӯкории худ даҳони ҷаҳолати мардуми беандешаро маҳкам кунем, —
16 Ҳамчун касони озод, на ҳамчун касоне ки аз озодӣ барои рӯпӯш кардани бадӣ истифода мебаранд, балки ҳамчун бандагони Худо.
17 Ҳамаро ҳурмат кунед, бародариро дӯст доред, аз Худо тарсед, подшоҳро иззат кунед.
3. Сухане ба хизматгорон: намунаи ибрати Масеҳ дар андӯҳи ноҳақ.
18 Эй хизматгорон, бо камоли тарс ба оғоёни худ итоат намоед, на танҳо ба оғоёни нек ва фурӯтан, балки ба оғоёни сахтгир низ.
19 Зеро савоб аст, ки кас агар аз рӯи виҷдон ба хотири Худо андӯҳгин шуда, ноҳақ уқубат кашад.
20 Зеро чӣ фахре ҳаст агар шумо барои кирдори бад шаллоқ хӯрда тоқат кунед? Аммо агар барои некӯкорӣ уқубат кашида тоқат кунед, ин мақбули Худост.
21 Зеро ки шумо барои ҳамин даъват карда шудаед, чунки Масеҳ низ барои шумо уқубат кашида, ба шумо намунаи ибрат боқӣ гузошт, то ки аз паи Ӯ равона шавед:
22 Ӯ гуноҳе накардааст, ва дар забонаш макре набуд;
23 Гирифтори бадгӯӣ гардида, Ӯ ҷавобан бадгӯӣ намекард; азоб кашида, таҳдид намекард, балки Худро ба Довари Одил месупурд;
24 Ӯ шахсан гуноҳҳои моро дар Бадани Худ ба дор бардошт, то ки мо аз гуноҳҳо фориғ шуда, барои адолат зиндагӣ кунем: шумо аз ҷароҳатҳои Ӯ шифо ёфтед.
25 Зеро ки шумо мисли гӯсфандони гумшудае будед, лекин ҳоло сӯи Чӯпон ва Нозири ҷонҳои худ баргаштаед.
3БОБИ СЕЮМ
4. Сухане ба занону шавҳарон.
1 Ҳамчунин шумо, эй занон, ба шавҳарони худ итоат намоед, то ки, агар баъзе аз онҳо мутеи калом набошанд, ба воситаи рафтори занон бе калом тобеъ гарданд,
2 Вақте ки рафтори поки худотарсонаи шуморо мушоҳида кунанд.
3 Бигзор зебоии шумо на ороиши зоҳирӣ: гесӯ бофтан, зевари тилло бастан ё либосҳои зебо пӯшидан,
4 Балки одамияти ботинии самимӣ дар рӯҳи ҳалиму сокити бефано бошад, ки ин дар назари Худо гаронбаҳост,
5 Чунон ки як вақте занони муқаддас низ худро бо умед бастан ба Худо оро медоданд ва мутеи шавҳарони худ буданд,
6 Ба монанди Соро, ки ба Иброҳим итоат намуда, ӯро оғо меномид; шумо фарзандони вай ҳастед, модоме ки некӣ мекунед ва аз ҳеҷ тарсе музтариб намешавед.
7 Ҳамчунин шумо, эй шавҳарон, бо занон, ки зарфи заифтар ҳастанд, бомулоҳиза рафтор кунед, ва онҳоро ҳамчун ҳамирсони файзи ҳаёт мӯҳтарам доред, то ки ба дуоҳои шумо мамониате нарасад.
5. Дар бораи муносибати бародарии аъзоёни калисо ва дар бораи уқубатҳо барои адолат.
8 Ниҳоят, ҳамаатон ҳамфикр, ҳамдард, бародардӯст, бошафқат, меҳрубон ва фурӯтан бошед;
9 Дар ивази бадӣ, бадӣ накунед, ё дар ивази лаънат, лаънат нагӯед; баръакс, баракат диҳед, чун медонед, ки шумо барои он даъват карда шудаед, ки вориси баракат гардед.
10 Зеро, касе ки ҳаётро дӯст медорад ва мехоҳад рӯзҳои нек бинад, бигзор забонашро аз бадӣ нигоҳ дорад, ва лабҳояшро аз гуфтори макромез,
11 Аз бадӣ дур шавад ва некӣ кунад, талабгори осоиштагӣ шавад ва дар паи он бошад,
12 Чунки чашмони Худованд сӯи одилон нигаронида шудааст, ва гӯшҳои Ӯ — сӯи дуои онҳо, аммо рӯи Худованд ба муқобили бадкорон аст.
13 Ва кист, ки ба шумо бадӣ кунад, агар шумо дар некӯкорӣ ғаюр бошед?
14 Лекин агар барои адолат уқубат кашед, хушо шумо; аз воҳимаи онҳо натарсед ва музтариб нашавед.
15 Худованд Худоро дар дилҳои худ тақдис намоед; ҳамеша тайёр бошед, ки ба ҳар касе ки аз шумо дар бораи умедатон ҳисоб талаб кунад, бо фурӯтанӣ ва эҳтиром ҷавоб диҳед:
16 Бигзор виҷдони шумо пок бошад, то онҳое ки рафтори некатонро дар Масеҳ мазаммат менамоянд, бо он чи шуморо бадгӯӣ мекунанд, шарманда шаванд.
17 Зеро, агар мутобиқи иродаи Худо бошад, барои аъмоли нек уқубат кашидан беҳтар аст аз он ки кас барои аъмоли бад уқубат кашад,
6. Масеҳ бо уқубатҳои худ, ки бар салиб кашидааст, имондоронро сӯи Худо меоварад.
18 Чунки Масеҳ низ, барои он ки моро сӯи Худо оварад, як бор барои гуноҳҳои мо уқубат кашид, яъне одил барои золимон ба ҳасби ҷисм кушта шуд, аммо ба ҳасби рӯҳ зинда гардид,
19 Ва дар рӯҳ Ӯ рафта, ба арвоҳе ки дар зиндон буданд, мавъиза намуд.
20 Онҳо пештар беитоат буданд, вақте ки Худо, дар айёми Нӯҳ, пурсаброна интизорӣ мекашид, ҳангоме ки киштӣ соҳта мешуд, ки дар он мардуми каме, яъне ҳашт нафар, аз об наҷот ёфтанд.
21 Ва тимсоли он таъмид аст, ки на шустани нопокии ҷисм, балки ба зимма гирифтани виҷдони пок аст ба ҳузури Худо, ки ҳоло моро низ ба воситаи эҳьёи Исои Масеҳ наҷот медиҳад,
22 Ки Ӯ ба осмон сууд карда, ба ямини Худо нишастааст ва фариштаҳо ва ҳукуматдориҳо ва қудратҳо мутеи Ӯ шудаанд.
4БОБИ ЧОРУМ
Таъсири пурбаракати уқубатҳо ба ҳаёти имондорон.
1 Пас, чӣ тавре ки Масеҳ барои мо ба ҳасби ҷисм уқубат кашидааст, шумо низ бо ҳамон фикр мусаллаҳ шавед; зеро касе ки ба ҳасби ҷисм уқубат кашад, дигар гуноҳ намекунад,
2 То ки боқии умри ҷисмониро на аз рӯи ҳавасҳои одамӣ, балки мувофиқи иродаи Худо ба сар барад.
3 Шумо дар замони гузашта ба андозаи кофӣ мисли халқҳо рафтор кардаед, ба нопокиҳо ва ҳавасҳо, ба мастигарӣ, ба ифроткорӣ дар хӯрдан ва нӯшидан ва ба бутпарастии зишт дода шудаед.
4 Ба ҳамин сабаб онҳо мутаҳайир мешаванд, ки шумо бо онҳо дар ҳамон фисқу фуҷур иштирок надоред, ва дар ҳаққи шумо бадгӯӣ мекунанд;
5 Онҳо ба Худое ки тайёр аст зиндагон ва мурдагонро доварӣ кунад, ҳисоб хоҳанд дод.
6 Зеро барои ҳамин ба мурдагон низ башорат дода шудааст, то ки онҳо ба ҳасби ҷисм ба тариқи одамизод ба доварӣ дучор гардида, вале ба ҳасби рӯҳ ба тариқи Худо зиндагӣ кунанд.
Дар бораи ҳаёт дар калисои имондорон.
7 Аммо фарҷоми ҳама чиз наздик аст. Пас бомулоҳиза ва барои дуо ҳушьёр бошед.
8 Пеш аз ҳама чиз ба якдигар муҳаббати пурзӯр дошта бошед, чунки муҳаббат гуноҳҳои зиёдро рӯпӯш мекунад;
9 Якдигарро бешикваю шикоят меҳмоннавозӣ кунед;
10 Ба якдигар, ҳар яке аз рӯи бахшоише ки ёфтаед, ҳамчун муваккалони неки файзи гуногуни Худо хизмат кунед.
11 Касе агар сухане ба забон ронад, бигзор ҳамчун суханони Худо ба забон ронад; касе агар хизмат кунад, бигзор мувофиқи қуввате ки Худо ба вай медиҳад, хизмат кунад, то ки дар ҳама чиз Худо ба воситаи Исои Масеҳ ҷалол ёбад, ки Ӯро ҷалол ва салтанат то абад бод. Омин.
Уқубатҳо барои ҷалоли оянда пок мекунанд.
12 Эй маҳбубон! Аз озмоиши оташе ки барои имтиҳони шумо фиристода мешавад, ҳайрон нашавед, ки гӯё воқеаи аҷибе ба шумо рӯй дода бошад,
13 Балки, модоме ки шумо дар уқубатҳои Масеҳ иштирок доред, шодӣ кунед, то ки дар вақти зуҳури ҷалоли Ӯ низ ба ваҷд оед ва хурсандӣ кунед.
14 Агар дар ҳаққи шумо ба хотири исми Масеҳ бадгӯӣ кунанд, хушо шумо, чунки Рӯҳи ҷалол, Рӯҳӣ Худо бар шумо қарор мегирад: онҳо Ӯро хорӣ медиҳанд, лекин шумо ҷалол медиҳед.
15 Бигзор ҳеҷ яке аз шумо ҳамчун қотил, ё дузд, ё бадкирдор, ё фузул уқубат накашад;
16 Аммо агар касе ҳамчун масеҳӣ уқубат кашад, бигзор хиҷил нашавад, балки барои чунин қисматаш Худоро ҳамду сано хонад.
17 Зеро вақти он расидааст, ки доварӣ аз хонаи Худо оғоз шавад; ва агар аввал аз мо оғоз шавад, пас фарҷоми онҳое ки ба Инҷили Худо итоат намекунанд, чӣ гуна хоҳад буд?
18 Ва агар одил базӯр наҷот меёфта бошад, пас оқибати осиён ва гуноҳкорон чӣ хоҳад буд?
19 Пас, онҳое ки бар тибқи иродаи Худо уқубат мекашанд, бигзор ҷонҳои худро ба Офаридагори амин супоранд ва некӣ кунанд.
5БОБИ ПАНҶУМ
Худи Худо имондоронро мустаҳкам мекунад ва устувор мегардонад.
1 Аз пирони шумо хоҳишмандам ман, ки низ пир ва шоҳиди уқубатҳои Масеҳ ҳастам, ва шарики ҷалоле хоҳам буд, ки бояд ба зуҳур ояд:
2 Рамаи Худоро, ки назди шумост, бичаронед ва ба он назорат кунед, на ба таври маҷбурӣ, балки ба таври ихтиёрӣ, чунон ки мақбули Худост, ва на аз барои тамаи нангин, балки аз сидқи дил,
3 Ва на ҳамчун касоне ки бар мероси Худо ҳукмронӣ мекунанд, балки ба рама намунаи ибрат нишон диҳед, —
4 Ва ҳангоме ки Сарвари чӯпонон зоҳир шавад, шумо тоҷи ҷалолро, ки пажмурда намешавад, хоҳед ёфт.
5 Ҳамчунин шумо, эй ҷавонон, ба пирон итоат намоед; ва ҳамаатон, ба якдигар итоат намуда, фурӯтаниро дар бар кунед, чунки Худо ба мағрурон муқобилат мекунад, вале ба фурӯтанон файз мебахшад.
6 Пас, дар зери дасти пурзӯри Худо фурӯтан бошед, то ки Ӯ шуморо дар замони Худ сарафроз кунад;
7 Ҳамаи ғамҳои худро ба Ӯ вогузор намоед, зеро ки Ӯ ба шумо ғамхорӣ мекунад.
8 Ҳушьёр ва бедор бошед, чунки душмани шумо, иблис, мисли шери ғуррон гаштугузор карда, касеро меҷӯяд, то ба коми худ кашад;
9 Ба вай бо имони қавӣ муқобилат кунед, чун медонед, ки ин гуна уқубатҳо ба сари бародарони шумо низ, ки дар сар то сари ҷаҳон ҳастанд, меояд.
10 Ва Худои ҳар файз, ки моро ба ҷалоли абадии Худ дар Исои Масеҳ даъват намудааст, баъд аз уқубати кӯтоҳмуддати шумо, шуморо комил, устувор, қавӣ ва матин хоҳад кард.
11 Ӯро ҷалол ва салтанат то абад бод. Омин.
12 Ба воситаи Силвонус, ки ба фикри ман бародари амин аст, ба шумо мухтасар навиштам, то шуморо насиҳат ва шаҳодат диҳам, ки ҳамин аст файзи ҳақиқии Худо, ки дар он шумо қоим ҳастед.
Саломҳо.
13 Калисое ки дар Бобил аст ва мисли шумо интихоб шудааст, ба шумо салом мерасонад, ҳамчунин писарам Марқӯс.
14 Ба якдигар бо бӯсаи муҳаббат салом гӯед. Бар ҳамаи шумо, ки дар Исои Масеҳ ҳастед, осоиштагӣ бод. Омин.