КИТОБИ

СЕЮМИ ПОДШОҲОН

1

БОБИ ЯКУМ

Довуд бемаҷол мегардад.

1 Ва чун подшоҳ Довуд пир ва солхӯрда шуд, ҳарчанд болои ӯро бо либосҳо мепӯшониданд, ӯ гарм намешуд.

2 Ва навкаронаш ба ӯ гуфтанд: «Бигзор барои оғои мо подшоҳ духтари бокирае ҷустуҷӯ намоянд, то ки вай ба ҳузури подшоҳ биистад, ва ба ӯ нигоҳубин кунад; ва бигзор вай дар оғӯши ту бихобад, то ки оғои мо подшоҳ гарм шавад».

3 Ва дар тамоми ҳудуди Исроил духтари соҳибҷамоле ҷустуҷӯ намуданд, ва Абишаги шунаммиро ёфтанд, ва ӯро назди подшоҳ оварданд.

4 Ва он духтар ниҳоятдараҷа соҳибҷамол буд, ва ӯ ба подшоҳ нигоҳубин мекард ва хизмати ӯро ба ҷо меовард, вале подшоҳ бо ӯ хуфту хоб накардааст.

Адӯниё қасди ба даст овардани подшоҳӣ дорад.

5 Валекин Адӯниё ибни Ҳаҷҷит ҳавобаландӣ намуда, гуфт: «Ман подшоҳӣ хоҳам кард». Ва барои худ аробаҳо ва саворонро муҳайё намуд, ва панҷоҳ шотир пешопеши ӯ медавиданд.

6 Ва падараш ӯро ҳаргиз мазаммат намуда нагуфта буд: «Чаро чунин амал кардӣ?» Ва ӯ низ бағоят хушлиқо буд, ва модараш ӯро баъд аз Абшолӯм зоида буд.

7 Ва ӯ бо Юоб ибни Саруё ва бо Абьётори коҳин ҳамзабон гардида буд, ва онҳо ба Адӯниё мадад мерасониданд.

8 Вале Содӯқи коҳин ва Баноё ибни Еҳӯёдоъ ва Нотони набӣ ва Шимъӣ ва Реӣ ва паҳлавононе ки назди Довуд буданд, Адӯниёро тарафдорӣ намекарданд.

9 Ва Адӯниё гӯсфандон ва говон ва парвориёнро назди санги Зӯҳелет, ки пеши Эйн‐Рӯҷел аст, забҳ намуд, ва ҳамаи бародаронаш, писарони подшоҳ, ва ҳамаи мардони Яҳудо, навкарони подшоҳро даъват намуд.

Муқобилияти Нотон ва Батшобаъ.

10 Валекин Нотони набӣ ва Баноё ва паҳлавонон ва бародараш Сулаймонро даъват накард.

11 Ва Нотон ба Батшобаъ, модари Сулаймон, сухан ронда, гуфт: «Оё нашнидаӣ, ки Адӯниё ибни Ҳаҷҷит подшоҳ шудааст, ва оғои мо Довуд инро намедонад?

12 Ва алҳол биё, ба ту машварат диҳам, то ки ҷони худат ва ҷони писарат Сулаймонро бираҳонӣ;

13 Рафта, назди подшоҳ Довуд даро ва ба ӯ бигӯ: „Эй оғоям подшоҳ, ту, охир, ба канизи худ қасам хӯрда гуфта будӣ, ки писарат Сулаймон баъд аз ман подшоҳ хоҳад шуд, ва ӯ бар тахти ман хоҳад нишаст. Пас, чаро Адӯниё подшоҳ шудааст?“

14 Инак, вақте ки ту ҳанӯз бо подшоҳ сухан ронӣ, ман ҳам аз паи ту даромада, бар суханонат илова хоҳам намуд».

15 Ва Батшобаъ назди подшоҳ ба ҳуҷраи хоб даромад; ва подшоҳ бағоят пир буд, ва Абишаги шунаммӣ хизмати подшоҳро ба ҷо меовард.

16 Ва Батшобаъ хам шуда, ба подшоҳ саҷда бурд. Ва подшоҳ гуфт: «Туро чӣ лозим аст?»

17 Вай ба ӯ гуфт: «Эй оғоям, ту ба канизи худ ба Худованд Худои худ қасам хӯрда будӣ, ки „писарат Сулаймон баъд аз ман подшоҳ хоҳад шуд, ва ӯ бар тахти ман хоҳад нишаст“.

18 Ва алҳол, инак, Адӯниё подшоҳ шудааст, ва ту, эй оғоям подшоҳ, инро намедонӣ.

19 Ва ӯ говон ва парвориён ва гӯсфандони зиёде забҳ карда, ҳамаи писарони подшоҳ, ва Абьётори коҳин ва Юоби сарлашкарро даъват намудааст, вале бандаат Сулаймонро даъват нанамудааст.

20 Ва алҳол, эй оғоям подшоҳ, чашмони тамоми Исроил сӯи туст, то ба онҳо маълум намоӣ, ки баъд аз оғоям подшоҳ кист, ки бар тахти ту хоҳад нишаст.

21 Вагар на, чунин воқеъ хоҳад шуд, ки чун оғоям подшоҳ бо падарони худ бихобад, ман ва писарам Сулаймон айбдор ҳисоб хоҳем ёфт».

22 Ва инак, ҳанӯз вай бо подшоҳ сухан меронд, Нотони набӣ ҳам омад.

23 Ва ба подшоҳ хабар дода, гуфтанд: «Инак Нотони набӣ». Ва ӯ назди подшоҳ даромад, ва рӯ бар замин хам шуда, ба подшоҳ саҷда бурд.

24 Ва Нотон гуфт: «Эй оғоям подшоҳ, оё ту гуфтаӣ, ки „Адӯниё баъд аз ман подшоҳ хоҳад шуд, ва ӯ бар тахти ман хоҳад нишаст“?

25 Зеро ки вай имрӯз фурӯд омада, говон ва парвориён ва гусфандони зиёдеро забҳ кардааст, ва ҳамаи писарони подшоҳ ва сардорони лашкар ва Абьётори коҳинро даъват намудааст, ва инак, онҳо ба ҳузури вай мехӯранд ва менӯшанд, ва мегӯянд: „Зинда бод подшоҳ Адӯниё!“

26 Валекин мани бандаат ва Содӯқи коҳин ва Баноё ибни Еҳӯёдоъ ва бандаат Сулаймонро даъват нанамудааст.

27 Агар ин кор аз ҷониби оғоям подшоҳ содир шуда бошад, пас чаро ба бандаи худ маълум накардӣ, ки баъд аз оғоям подшоҳ кист, ки бар тахти ӯ биншинад?»

28 Ва подшоҳ Довуд ҷавоб гардонида, гуфт: «Батшобаъро назди ман бихонед». Вай назди подшоҳ даромад, ва ба ҳузури подшоҳ истод.

29 Ва подшоҳ қасам хӯрда, гуфт: «Қасам ба ҳаёти Худованде ки ҷони маро аз ҳар тангӣ раҳо кардааст!

30 Чунон ки ман барои ту ба Худованд Худои Исроил қасам хӯрда гуфтаам, ки писарат Сулаймон баъд аз ман подшоҳ хоҳад шуд, ва ӯ бар тахти ман ба ҷои ман хоҳад нишаст, ончунон ман имрӯз ба амал хоҳам овард».

31 Ва Батшобаъ рӯ бар замин хам шуда, ба подшоҳ саҷда бурд, ва гуфт: «Оғоям подшоҳ Довуд то абад зинда бод!»

32 Ва подшоҳ Довуд гуфт: «Содӯқи коҳин ва Нотони набӣ ва Баноё ибни Еҳӯёдоъро назди ман бихонед». Ва онҳо ба ҳузури подшоҳ даромаданд.

33 Ва подшоҳ ба онҳо гуфт: «Бандагони оғои худро ҳамроҳи худ бигиред, ва писарам Сулаймонро бар хачири ман савор кунед, ва ӯро назди Ҷайҳун фурӯд оваред.

34 Ва бигзор Содӯқи коҳин ва Нотони набӣ ӯро дар он ҷо ба подшоҳӣ бар Исроил тадҳин намоянд; ва шох навозед, ва бигӯед: „Зинда бод подшоҳ Сулаймон!“

35 Ва аз ақиби ӯ бароед, то ки ӯ омада, бар тахти ман биншинад; ва ӯ ба ҷои ман подшоҳ хоҳад шуд; ва ман ӯро амр мефармоям, ки бар Исроил ва бар Яҳудо раис бошад».

36 Ва Баноё ибни Еҳӯёдоъ ба подшоҳ ҷавоб гардонида, гуфт: «Омин! Бигзор Худованд Худои оғоям подшоҳ низ чунин гӯяд!

37 Чунон ки Худованд бо оғоям подшоҳ буд, бигзор ончунон бо Сулаймон низ бошад, ва тахти ӯро аз тахти оғоям подшоҳ Довуд бузургтар гардонад!»

38 Ва Содӯқи коҳин ва Нотони набӣ ва Баноё ибни Еҳӯёдоъ ва каритиён ва фалитиён фурӯд омада, Сулаймонро бар хачири подшоҳ Довуд савор карданд, ва ӯро назди Ҷайҳун бурданд.

Сулаймон ба подшоҳӣ тадҳин карда шуд.

39 Ва Содӯқи коҳин шохи равғанро аз хайма гирифта, Сулаймонро тадҳин намуд. Ва шох навохтанд, ва тамоми қавм гуфтанд: «Зинда бод подшоҳ Сулаймон!»

40 Ва тамоми қавм аз ақиби ӯ баромаданд, ва қавм най менавохтанд, ва бағоят шодӣ мекарданд, ба тавре ки замин аз овозашон мекафид.

Адӯниё ба подшоҳ итоат менамояд.

41 Ва Адӯниё ва ҳамаи даъватшудагоне ки бо ӯ буданд, ҳамин ки аз хӯрдан фориғ шуданд, инро шуниданд; ва Юоб садои шохро шунида, гуфт: «Садои шаҳри пуризтироб аз чӣ сабаб аст?»

42 Ҳанӯз ӯ сухан меронд, инак, Йӯнотон ибни Абьётори коҳин омад; ва Адӯниё гуфт: «Биё, ки ту марди амин ҳастӣ ва муждаи нек меоварӣ».

43 Ва Йӯнотон ба Адӯниё ҷавоб гардонида, гуфт: «Ба ҳеҷ ваҷҳ, зеро оғои мо, подшоҳ Довуд, Сулаймонро подшоҳ гардонидааст;

44 Ва подшоҳ Содӯқи коҳин ва Нотони набӣ ва Баноё ибни Еҳӯёдоъ ва каритиён ва фалитиёнро бо ӯ фиристодааст; ва ӯро ба хачири подшоҳ савор кардаанд;

45 Ва Содӯқи коҳин ва Нотони набӣ ӯро дар Ҷайҳун ба подшоҳӣ тадҳин намудаанд, ва аз он ҷо шодикунон баромадаанд, ва шахр ғулғула бардоштааст; ҳамин аст садое ки шумо шунидаед;

46 Ва Сулаймон низ бар тахти подшоҳӣ нишастааст;

47 Ва бандагони подшоҳ низ барои табрик кардани оғои мо подшоҳ Довуд омада, гуфтанд: „Бигзор Худо номи Сулаймонро аз номи ту хубтар созад, ва тахти ӯро аз тахти ту бузургтар гардонад“. Ва подшоҳ бар бистари худ саҷда бурдааст;

48 Ва подшоҳ низ чунин гуфтааст: „Муборак аст Худованд Худои Исроил, ки имрӯз касеро, ки бар тахти ман менишинад, ба ман додааст, ва чашмони ман инро мебинад!“»

49 Ва ҳамаи даъватшудагоне ки назди Адӯниё буданд, ба ҳарос афтода бархостанд, ва ҳар кас ба роҳи худ рафт.

50 Ва Адӯниё аз Сулаймон ҳаросон шуда, бархост, ва рафта, шохҳои қурбонгоҳро гирифт.

51 Ва ба Сулаймон хабар дода, гуфтанд: «Инак, Адӯниё аз подшоҳ Сулаймон метарсад, ва инак, ӯ шохҳои қурбонгоҳро гирифта, мегӯяд: „Бигзор подшоҳ Сулаймон имрӯз ба ман қасам хӯрад, ки бандаи худро ба шамшер нахоҳад кушт“».

52 Ва Сулаймон гуфт: «Агар ӯ росткор гардад, як мӯяш бар замин нахоҳад афтод, вале агар бадие дар ӯ ёфт шавад, хоҳад мурд».

53 Ва подшоҳ Сулаймон фиристод, ва ӯро аз қурбонгоҳ фурӯд оварданд, ва ӯ омада, ба подшоҳ Сулаймон саҷда бурд, ва Сулаймон ба ӯ гуфт: «Ба хонаи худ бирав».

2

БОБИ ДУЮМ

Васияти Довуд ба Сулаймон.

1 Ва айёми фавти Довуд наздик омад, ва ӯ ба писари худ Сулаймон васият карда, гуфт:

2 «Ман ба роҳи тамоми аҳли замин меравам, пас ту қавидил ва мард бош.

3 Ва амри Худованд Худои худро ба ҷо оварда, бо роҳҳои Ӯ равона шав, фароизи Ӯ, аҳкоми Ӯ ва дастурҳои Ӯ ва шаҳодоти Ӯро, чунон ки дар Тавроти Мусо навишта шудааст, риоя намо, то дар ҳар коре ки мекунӣ ва ба ҳар ҷое ки рӯ меоварӣ, комьёб гардӣ,

4 То ки Худованд каломи Худро, ки дар ҳаққи ман ба забон рондааст, ба ҷо оварад, яъне гуфтааст: „Агар писаронат роҳи худро риоя намуда, бо тамоми дили худ ва бо тамоми ҷони худ ба хузури Ман бо ростӣ рафтор кунанд, ба яқин касе аз насли ту аз болои тахти Исроил маҳв нахоҳад шуд“.

5 Ва низ он чиро, ки Юоб ибни Саруё ба ман кард, яъне он чиро, ки ӯ дар ҳаққи ду сарлашкари Исроил, — дар ҳаққи Абнир ибни Нир ва Амосо ибни Ётар, — кард, ту медонӣ: ӯ онҳоро кушта, хуни ҷангро дар вақти сулҳ рехт, ва камарбандеро, ки ба камараш дошт, ва кафшеро, ки ба пойҳояш буд, ба хуни ҷанг олуда кард.

6 Пас, бар тибқи ҳикмати худ амал намо, ва намон, ки мӯи сафедаш ба саломатӣ ба гӯр фурӯд ояд.

7 Валекин ба писарони Барзилои ҷилъодӣ эҳсон намо, ва бигзор онҳо дар миёни касоне бошанд, ки дар сари суфраи ту хӯрок мехӯранд, зеро ки онҳо ба ман ҳамин тавр наздик шуда буданд, вақте ки аз дасти бародарат Абшолӯм рӯ ба гурез овардам.

8 Ва инак, Шимъӣ ибни Ҷерои биньёминӣ, ки аз Баҳурим аст, назди ту мебошад, ва ӯ маро, дар рӯзе ки ба Маҳаноим мерафтам, бо дашномҳои сахт дашном дода буд; вале ӯ ба пешвози ман назди Урдун омад, ва ман барои ӯ ба Худованд қасам хӯрда гуфтам, ки „туро бо шамшер нахоҳам кушт“

9 Ва алҳол ту ӯро бегуноҳ ҳисоб накун, зеро ки ту марди хирадманд ҳастӣ, ва медонӣ, ки ба ӯ чӣ коре бикунӣ, то ки мӯи сафедашро хунолуд гардонида ба гӯр фурӯд оварӣ».

Фавти Довуд.

10 Ва Довуд бо падарони худ хобид, ва дар шаҳри Довуд дафн карда шуд.

11 Ва айёме ки Довуд бар Исроил подшоҳӣ кард, чил сол буд: дар Ҳебрӯн ҳафт сол подшоҳӣ кард, ва дар Ерусалим сию се сол подшоҳӣ кард.

Подшоҳии Сулаймон.

12 Ва Сулаймон бар тахти падараш Довуд нишаст, ва салтанати ӯ бағоят мустаҳкам гардид.

13 Ва Адӯниё ибни Ҳаҷҷит назди Батшобаъ, модари Сулаймон, омад. Вай гуфт: «Оё ба саломатӣ омадаӣ?» Ва ӯ ҷавобан гуфт: «Ба саломатӣ».

14 Ва ӯ гуфт: «Ба ту сухане дорам». Вай гуфт: «Бигӯ».

15 Ва ӯ гуфт: «Ту медонӣ, ки салтанат ба ман тааллуқ дошт, ва тамоми Исроил рӯи худро сӯи ман нигаронида буданд, ки ман подшоҳ шавам; валекин салтанат аз ман рӯй гардонида, аз они бародарам шуд, зеро ки он аз ҷониби Худованд насиби ӯ гардидааст.

16 Ва алҳол ман илтимосе аз ту дорам, хоҳиши маро рад накун». Вай ба ӯ гуфт: «Бигӯ».

17 Ва ӯ гуфт: «Лутфан, ба подшоҳ Сулаймон бигӯ, — зеро ӯ хоҳиши туро рад нахоҳад кард, — ки Абишаги шунаммиро ба ман ба занӣ бидиҳад».

18 Ва Батшобаъ гуфт: «Хуб шудааст; ман дар бораи ту ба подшоҳ сухан хоҳам гуфт».

19 Ва Батшобаъ назди подшоҳ Сулаймон омад, то ки ба ӯ дар бораи Адӯниё сухан гӯяд. Ва подшоҳ ба пешвози вай бархоста, ба вай саҷда бурд, ва бар тахти худ нишаст. Барои модари подшоҳ низ тахте гузоштанд, ва вай аз тарафи рости ӯ нишаст,

20 Ва гуфт: «Як илтимоси хурде ман аз ту дорам, хоҳиши маро рад накун». Ва подшоҳ ба вай гуфт: «Бигӯ, эй модарам, зеро ки ман хоҳиши туро рад нахоҳам кард».

21 Вай гуфт: «Изн бидеҳ, ки Абишаги шунаммиро ба бародарат Адӯниё ба занӣ бидиҳанд».

22 Ва подшоҳ Сулаймон ба модараш ҷавоб гардонида, гуфт: «Чаро ту Абишаги шунаммиро барои Адӯниё илтимос мекунӣ? Пас, салтанатро низ барои вай илтимос кун, ки вай бародари калонии ман аст, — ҳам барои вай, ҳам барои Абьётори коҳин ва ҳам барои Юоб ибни Саруё».

23 Ва подшоҳ Сулаймон ба Худованд қасам хӯрда, гуфт: «Худо ба ман чунин ва зиёда аз ин бикунад, агар Адӯниё ин суханро ба зарари ҷони худ нагуфта бошад!

24 Ва алҳол қасам ба ҳаёти Худованде ки маро мустаҳкам намуда ва бар тахти падарам Довуд нишонида ва хонае барои ман, чунон ки гуфта буд, барпо кардааст, — худи имрӯз Адӯниё бояд бимирад!»

25 Ва подшоҳ Сулаймон Баноё ибни Еҳӯёдоъро фиристод, ки вай ӯро зарба зад, ва ӯ мурд.

Абьётор аз каҳонат маҳрум гардид.

26 Ва подшоҳ ба Абьётори коҳин гуфт: «Ба киштзори худ ба Анотӯт бирав, зеро ту сазовори қатл ҳастӣ, вале имрӯз туро нахоҳам кушт, чунки ту сандуқи Худованди Парвардигорро ба хузури падарам Довуд бардоштаӣ, ва дар ҳамаи азиятҳои падарам азият кашидаӣ».

27 Ва Сулаймон Абьёторро аз каҳонати Худованд бадар ронд, то каломи Худовандро, ки дар ҳаққи хонадони Элӣ дар Шилӯ гуфта буд, ба амал оварад.

Гурехтани Юоб ва фавти ӯ.

28 Овозаи ин ба гӯши Юоб расид, — дар сурате ки Юоб ба тарафи Адӯниё моил шуда буд, вале ба тарафи Абшолӯм моил нашуда буд, — ва Юоб ба хаймаи Худованд гурехта, шохҳои курбонгоҳро гирифт.

29 Ва ба подшоҳ Сулаймон хабар расониданд, ки Юоб ба хаймаи Худованд гурехтааст, ва инак назди курбонгоҳ мебошад. Ва Сулаймон Баноё ибни Ехӯёдоъро фиристода, гуфт: «Рафта, ӯро зарба зан».

30 Ва Баноё назди хаймаи Худованд омада, ба ӯ гуфт: «Подшоҳ чунин гуфт: „Баро!“» Ва ӯ гуфт: «Не, балки дар ин ҷо мехоҳам бимирам». Ва Баноё ба подшоҳ хабар расонида, гуфт: «Юоб чунин сухан ронд, ва ба ман чунин ҷавоб дод».

31 Ва подшоҳ ба вай гуфт: «Аз рӯи гуфтаи ӯ амал намо, ва ӯро зарба зада, дафн кун, ва хуни ноҳаққеро, ки Юоб рехта буд, аз ман ва аз хонадони падарам дур соз.

32 Ва бигзор Худованд хуни ӯро бар сари худи ӯ баргардонад, барои он ки ӯ ба ду шахсе ки аз ӯ одилтар ва некӯтар буданд, зарба расонида, онҳоро бо шамшер кушт, ва падарам Довуд аз ин бехабар буд, яъне: Абнир ибни Нирро, ки сарлашкари Исроил буд, ва Амосо ибни Ётарро, ки сарлашкари Яҳудо буд;

33 Ва бигзор хуни онҳо бар сари Юоб ва бар сари насли ӯ ба сурати абадӣ баргардад, вале барои Довуд ва наслаш ва хонадонаш ва тахташ осоиштагӣ аз ҷониби Худованд то абад бошад!»

34 Ва Баноё ибни Ехӯёдоъ баромада, ӯро зарба зад, ва ӯро кушт; ва ӯ дар хонааш, ки дар биёбон буд, дафн карда шуд.

Баноё — сарлашкар. Содӯқ — коҳин.

35 Ва подшоҳ Баноё ибни Еҳӯёдоъро ба ҷои ӯ бар лашкар таъин кард; ва подшоҳ Содӯқи коҳинро ба ҷои Абьётор таъин намуд.

36 Ва подшоҳ фиристода, Шимъиро даъват намуд ва ба ӯ гуфт: «Барои худ хонае дар Ерусалим бино карда, дар он ҷо сокин шав, ва аз он ҷо ба ҳеҷ тараф берун нарав.

37 Ва дар рӯзе ки ту берун рафта, аз наҳри Қидрӯн бигзарӣ, яқинан бидон, ки хоҳӣ мурд, ва хунат бар сари худат хоҳад буд».

Қатли Шимъӣ.

38 Ва Шимъӣ ба подшоҳ гуфт: «Ин сухан хуб аст; чунон ки оғоям подшоҳ гуфтааст, бандаат ончунон амал хоҳад кард». Ва Шимъӣ айёми зиёде дар Ерусалим иқомат намуд.

39 Вале баъд аз гузаштани се сол чунин воқеъ шуд, ки ду навкари Шимъӣ назди Окиш ибни Маако, подшоҳи Ҷат, гурехтанд; ва ба Шимъӣ хабар дода, гуфтанд: «Инак, навкаронат дар Ҷат мебошанд».

40 Ва Шимъӣ бархоста, харашро зин кард, ва ба Ҷат назди Окиш рафт, то ки навкаронашро ҷустуҷӯ намояд, ва Шимъӣ рафта, навкаронашро аз Ҷат овард.

41 Ва ба Сулаймон хабар расид, ки Шимъӣ аз Ерусалим ба Ҷат рафтааст, ва баргаштааст.

42 Ва подшоҳ фиристода, Шимъиро даъват намуд, ва ба вай гуфт: «Туро, охир, ба Худованд қасам додам, ва туро огоҳ намуда, гуфтам: „Дар рӯзе ки берун рафта, ба ягон тараф равона шавӣ, бидон, ки яқинан хоҳӣ мурд“. Ва ту ба ман гуфтӣ: „Ин сухан, ки шунидам, хуб аст“.

43 Пас, чаро қасами Худованд ва амреро, ки ба ту фармудам, риоя накардӣ?»

44 Ва подшоҳ ба Шимъӣ гуфт: «Тамоми бадиеро, ки дар ҳаққи падарам Довуд кардаӣ, ту медонӣ, ва дилат аз он хабар дорад; ва Худованд он бадии туро ба сарат баргардонидааст.

45 Ва подшоҳ Сулаймон муборак хоҳад буд, ва тахти Довуд ба ҳузури Худованд то абад устувор хоҳад монд».

46 Ва подшоҳ ба Баноё ибни Еҳӯёдоъ амр фармуд, ва ӯ берун рафта, варо зарба зад, ва вай мурд. Ва салтанат дар дасти Сулаймон мустаҳкам гардид.

3

БОБИ СЕЮМ

Сулаймон бо фиръавн иттифоқ мебандад ва духтари ӯро ба занӣ мегирад.

1 Ва Сулаймон ба фиръавн, подшоҳи Миср, домод шуд, ва духтари фиръавнро гирифта, ба шаҳри Довуд овард, то даме ки сохтани хонаи худ ва хонаи Худованд ва ҳисори Ерусалимро гирдогирди он анҷом диҳад.

2 Аммо қавм ҳанӯз бар баландиҳо қурбонӣ мекарданд, зеро ки хонае ба исми Худованд то он айём бино наёфта буд.

3 Ва Сулаймон Худовандро дӯст дошта, мувофиқи фароизи падараш Довуд рафтор мекард, аммо ӯ низ бар баландиҳо қурбонӣ мекард, ва бухур месӯзонид.

Овардани қурбониҳо бар Ҷибъӯн.

4 Ва подшоҳ ба Ҷибъӯн равона шуд, то ки дар он ҷо қурбонӣ кунад, зеро ки баландии аз ҳама бузургтар он ҷо буд; Сулаймон ҳазор қурбонии сӯхтанӣ бар он қурбонгоҳ овард.

Дуои Сулаймон.

5 Дар Ҷибъӯн Худованд ба Сулаймон дар хоби шаб зоҳир гардид, ва Худо гуфт: «Талаб намо, чӣ чизе ба ту бидиҳам».

6 Ва Сулаймон гуфт: «Ту ба бандаи Худ, ба падарам Довуд, эҳсони азиме кардӣ, азбаски ӯ ба ҳузури Ту бо ростӣ ва адолат ва самимияти дил рафтор менамуд; ва ин эҳсони азимро барои ӯ нигоҳ дошта, ба ӯ писаре додӣ, то ки бар тахти ӯ биншинад, чунон ки имрӯз воқеъ шудааст.

7 Ва алҳол, эй Худованд Худои ман, Ту бандаи Худро ба ҷои падарам Довуд подшоҳ кардӣ, валекин ман амради хурдсоле ҳастам, ки даробароро намедонам.

8 Ва бандаат дар миёни қавми Туст, ки баргузидаӣ, дар миёни қавми сершуморе ки онҳоро, ба сабаби бисьёриашон, на шумурдан мумкин аст, на ба ҳисоб овардан.

9 Пас, ба бандаи Худ дили бохирад ато намо, то ки қавми Туро доварӣ кунам, ва ба фарқи байни нек ва бад сарфаҳм равам, зеро кист, ки ин қавми сершумори Туро доварӣ тавонад кунад?»

10 Ва ин ба назари Худованд писанд омад, ки Сулаймон ин чизро талабида буд.

11 Ва Худо ба ӯ гуфт: «Азбаски ту ин чизро талабидӣ, ва барои худ айёми дуру дароз талаб накардӣ, ва барои худ сарват талаб накардӣ, ва ҷони душманонатро талаб накардӣ, балки барои худ хирад талабидӣ, то ки инсофро фаҳм намоӣ, —

12 Инак, аз рӯи гуфтаи ту кардам; инак, ба ту дили пурҳикмат ва бохирад ато намудам, ба тавре ки пеш аз ту касе мисли ту набуд, ва баъд аз ту касе мисли ту нахоҳад ба майдон омад.

13 Ва низ он чиро, ки талаб накардӣ, яъне ҳам сарват ва ҳам ҷалолро ба ту ато намудам, ба тавре ки дар тамоми айёми ту касе мисли ту дар миёни подшоҳон нахоҳад буд.

14 Ва агар бо роҳҳои Ман рафтор карда, фароиз ва аҳкоми Маро риоя намоӣ, чунон ки падарат Довуд рафтор мекард, Ман айёми туро дуру дароз хоҳам гардонид».

15 Ва Сулаймон бедор шуд, ва инак хоб буд. Ва ба Ерусалим омада, пеши сандуқи аҳди Худованд истод, ва қурбониҳои сӯхтанӣ баровард, ва қурбониҳои саломатӣ забҳ намуд, ва барои ҳамаи навкаронаш базм барпо кард.

Хирадмандии Сулаймон.

16 Он гоҳ ду зани зинокор назди подшоҳ омада, ба ҳузури ӯ истоданд.

17 Ва яке аз он занон гуфт: «Эй оғоям! Ман ва ин зан дар як хона сокин ҳастем; ва ман дар он хона назди вай зоидам.

18 Ва баъд аз зоиданам дар рӯзи сеюм ин зан низ зоид; ва мо бо ҳамдигар будем, каси бегонае бо мо дар хона набуд, фақат ҳар дуи мо дар хона будем.

19 Ва шабона писари ин зан мурдааст, чунки вай бар у хобидааст.

20 Ва нисфи шаб вай бархоста, писари маро, вақте ки канизат дар хоб буд, аз пеши ман гирифтааст ва дар бағали худ гузоштааст, ва писари мурдаи худро дар бағали ман мондааст.

21 Ва субҳидам, вақте ки ман бархостам, то ки ба писарам сина диҳам, ва инак, ӯ мурда буд; валекин вақте ки пагоҳӣ ба ӯ синчакунон нигоҳ кардам, ва инак, ӯ писаре ки ман зоида будам, набуд».

22 Ва зани дигар гуфт: «Не, балки бачаи зинда писари ман ва бачаи мурда писари туст». Ва он зан гуфт: «Не, балки бачаи мурда писари ту ва бачаи зинда писари ман аст». Ва онҳо ба ҳузури подшоҳ ҳамин тавр сухан меронданд.

23 Ва подшоҳ гуфт: «Ин мегӯяд: „Ин бачаи зинда писари ман ва бачаи мурда писари туст“. Ва он мегӯяд: „Не, балки бачаи мурда писари ту ва бачаи зинда писари ман аст“».

24 Ва подшоҳ гуфт: «Шамшере пеши ман биёред». Ва шамшере пеши подшоҳ оварданд.

25 Ва подшоҳ гуфт: «Бачаи зиндаро ба ду нима пора кунед, ва нисфашро ба яке ва нисфашро ба дигаре бидиҳед».

26 Ва зане ки бачаи зинда писараш буд, ба подшоҳ сухан ронд, зеро ки ба писараш раҳмаш омад, ва гуфт: «Эй оғоям! Ин бачаи зиндаро ба вай бидиҳед, ва ба ҳеҷ ваҷҳ ӯро накушед». Валекин зани дигар гуфт: «Бигзор на аз они ман бошад, ва на аз они ту, — пора кунед!»

27 Ва подшоҳ ҷавоб гардонида, гуфт: «Бачаи зиндаро ба он зан бидиҳед, ва ба ҳеҷ ваҷҳ ӯро накушед; вай модари ӯст».

28 Ва тамоми Исроил довариеро, ки подшоҳ ба амал оварда буд, шуниданд, ва аз подшоҳ тарсиданд, зеро диданд, ки хирадмандии илоҳӣ барои доварӣ кардан андаруни ӯст.

4

БОБИ ЧОРУМ

Сарварони Исроил, ки назди Сулаймон буданд.

1 Ва подшоҳ Сулаймон бар тамоми Исроил подшоҳ буд.

2 Ва сарвароне ки назди ӯ буданд, инҳоянд: Азарьё ибни Содӯқи коҳин;

3 Элиҳӯреф ва Аҳиёд, писарони Шишо, котибон; Еҳӯшофот ибни Аҳилуд, вақоеънавис.

4 Ва Баноё ибни Еҳӯёдоъ, сарлашкар; ва Содӯқ ва Абьётор, коҳинон.

5 Ва Азарьё ибни Нотон, сардори волиён; ва Зобуд ибни Нотони коҳин, дӯсти подшоҳ.

6 Ва Аҳишор, нозири хона; ва Адӯниром ибни Абдо, сардори боҷу хироҷ.

7 Ва Сулаймон дувоздаҳ волӣ бар тамоми Исроил дошт, ва онҳо подшоҳ ва хонадонашро бо хӯрокворӣ таъмин мекарданд: ҳар яке мебоист соле як моҳ бо хӯрокворӣ таъмин мекард.

8 Ва ин аст номҳои онҳо: ибни Ҳур — бар кӯҳи Эфроим;

9 Ибни Доқар — дар Моқас ва Шаалбим ва Байт‐Шемеш ва Эйлӯни Байт‐Ҳонон;

10 Ибни Ҳосад — дар Аруббӯт; Сукӯҳ ва тамоми замини Ҳофар ба ӯ тааллуқ дошт;

11 Ибни Абинодоб — дар тамоми Нофат‐Дӯр; Тофат бинти Сулаймон завҷаи ӯ буд.

12 Баано ибни Аҳилуд — дар Таънок ва Маҷиддӯ ва тамоми Байт‐Шеон, ки дар наздикии Сортано, поёнтари Изреъил аст, аз Байт‐Шеон то Обил‐Маҳӯло, то он тарафи Ёқемъом;

13 Ибни Ҷобар — дар Ромӯт‐Ҷилъод; деҳоти Ёир ибни Менашше, ки дар Ҷилъод аст, ва ноҳияи Арҷуб, ки дар Бошон аст, ба ӯ тааллуқ дошт, яъне шаст шаҳри калону ҳисордор бо ғалақаҳои мисин;

14 Аҳинодоб ибни Иддӯ — дар Маҳаноим;

15 Аҳимаас — дар Нафтолӣ; ӯ Босмат бинти Сулаймонро ба занӣ гирифта буд;

16 Баано ибни Ҳушой — дар Ошер ва Баолӯт;

17 Еҳӯшофот ибни Форуаҳ — дар Иссокор;

18 Шимъӣ ибни Эло — дар Биньёмин;

19 Ҷобар ибни Урӣ — дар замини Ҷилъод, ки замини Сиҳӯн, подшоҳи амӯриён, ва Ӯҷ, подшоҳи Бошон буд; ва ӯ ба танҳоӣ волӣ дар он замин буд.

20 Яҳудо ва Исроил, ки мисли реги канори дарьё сершумор буданд, мехӯрданд ва менӯшиданд ва хурсандӣ мекарданд.

21 Ва Сулаймон дар тамоми мамлакатҳо, аз наҳри Фурот то замини фалиштиён, яъне, то сарҳади Миср салтанат меронд; онҳо ҳадияҳо оварда ба Сулаймон тамоми айёми ҳаёти ӯ хизмат мекарданд.

22 Ва хӯроквории Сулаймон барои ҳар рӯз ба миқдори зерин буд: сӣ кӯр+ 4:22 Кӯр — воҳиди андозаи ҷисмҳои пошхӯранда, ки ҳаҷмаш ба 400 литр баробар буд. гули орди гандум ва шаст кӯр орди дурушт;

23 Даҳ гови парворӣ, ва бист гов аз чарогоҳ, ва сад гӯсфанд, ба ғайр аз ғизолҳо ва оҳуҳо ва гавазнҳо ва мурғҳои фарбеҳ.

24 Зеро ки ӯ бар тамоми замини он тарафи наҳр, аз Тифсаҳ то Ғазза, бар ҳамаи подшоҳони он тарафи наҳр ҳукмронӣ мекард; ва барои ӯ гирдогирд, аз тамоми атрофаш сулҳу осоиштагӣ буд.

25 Ва Яҳудо ва Исроил, ҳар кас зери токи ангури худ ва зери дарахти анҷири худ, аз Дон то Беэр‐Шобаъ, дар тамоми айёми Сулаймон дар амният менишастанд.

26 Ва Сулаймон чил ҳазор охури асп барои аробаҳояш, ва дувоздаҳ ҳазор савора дошт.

27 Ва он волиён подшоҳ Сулаймон ва ҳамаи онҳоеро, ки ба суфраи подшоҳ Сулаймон тааллуқ доштанд, ҳар яке дар моҳи худ бо хӯрокворӣ таъмин менамуданд, ва намегузоштанд, ки чизе камӣ кунад.

28 Ва ҷав ва коҳ барои аспон ва хачирон ба маконе ки онҳо буданд, ҳар яке мувофиқи ӯҳдадории худ, меоварданд.

29 Ва Худо ба Сулаймон ҳикмат ва хирадмандии бағоят зиёде ато намуда буд, ва фаровонии дониши ӯ мисли реги канори дарьё буд.

30 Ва ҳикмати Сулаймон аз ҳикмати тамоми мардуми Шарқ, ва аз тамоми ҳикмати Миср зиёд буд.

31 Ва ӯ аз ҳамаи одамон, аз Эйтони эзроҳӣ ва аз писарони Моҳӯл — Ҳеймон ва Калкул ва Дардаъ — бохирадтар буд, ва номи ӯ дар миёни ҳамаи халқҳои гирду атроф шӯҳрат дошт.

32 Ва ӯ се ҳазор масал гуфтааст, ва ғазалҳояш ҳазор ва панҷто буд.

33 Ва ӯ дар бораи дарахтон сухан рондааст, — аз арзе ки дар Лубнон аст, то зуфое ки бар деворҳо мерӯяд; ва дар бораи чорпоён ва мурғон ва ҳашарот ва моҳиён сухан рондааст.

34 Ва аз ҳамаи қавмҳо барои шунидани ҳикмати Сулаймон меомаданд, — аз ҷониби ҳамаи подшоҳони замин, ки овозаи ҳикмати ӯ ба гӯшашон расида буд.

5

БОБИ ПАНҶУМ

Сулаймон барои сохтани маъбад тайёрӣ мебинад.

1 Ва Ҳиром, подшоҳи Сӯр, навкарони худро назди Сулаймон фиристод, зеро шунида буд, ки ӯро ба ҷои падараш ба подшоҳӣ тадҳин намудаанд; чунки Ҳиром ҳама вақт дӯсти Довуд буд.

2 Ва Сулаймон назди Ҳиром фиристода, гуфт:

3 «Ту медонй, ки падари ман Довуд натавонист хонае ба исми Худованд Худои худ бино кунад, ба сабаби ҷанги душманоне ки ӯро иҳота менамуданд, то вақте ки Худованд онҳоро зери кафи пойҳои ӯ гузошт.

4 Вале алҳол Худованд Худои ман маро аз гирду атрофам оромӣ додааст: ҳеҷ монеае ва ҳеҷ мусибате нест.

5 Ва инак, ман ният дорам, ки хонае ба исми Худованд Худои худ бино кунам, чунон ки Худованд ба падари ман Довуд сухан ронда, гуфтааст: „Писари ту, ки варо ба ҷои ту бар тахти ту хоҳам нишонид, хонае ба исми Ман бино хоҳад кард“.

6 Ва алҳол амр фармо, ки барои ман арзҳо аз Лубнон бибуранд; ва навкарони ман ҳамроҳи навкарони ту хоҳанд буд, ва ман музди навкаронатро бар тибқи ҳар он чи бигӯӣ, ба ту хоҳам дод; зеро ту медонӣ, ки дар миёни мо касе нест, ки дар кори дарахтбурӣ мисли сидӯниён моҳир бошад».

7 Ва ҳангоме ки Ҳиром суханони Сулаймонро шунид, бағоят шод гардида, гуфт: «Муборак аст имрӯз Худованд, ки ба Довуд писари хирадманде бар ин қавми сершумор ато намудааст!»

8 Ва Ҳиром назди Сулаймон фиристода, гуфт: «Он чи назди ман фиристодӣ, шунидам; ман тамоми хоҳиши туро дар бораи дарахтони арз ва дарахтони сарв ба амал хоҳам овард.

9 Навкарони ман онҳоро аз Лубнон ба баҳр фурӯд хоҳанд овард, ва ман онҳоро ба шакли амадҳо бо роҳи баҳр ба маконе ки барои ман таъин намоӣ, расонида, дар он ҷо аз ҳам ҷудо хоҳам кард, ва ту онҳоро хоҳӣ бурд; ту низ хоҳиши маро ба ҷо оварда, барои хонаи ман хӯрокворӣ бидеҳ».

10 Ва Ҳиром ба Сулаймон дарахтони арз ва дарахтони сарвро, ҳар қадар, ки ӯ хоста буд, медод.

11 Ва Сулаймон ба Ҳиром бист ҳазор кӯр гандум барои таъминоти хонаи ӯ, ва бист кӯр равғани пок медод; Сулаймон ҳар сол ба Ҳиром ҳамин қадар медод.

12 Ва Худованд ба Сулаймон, чунон ки ба ӯ гуфта буд, ҳикмат ато намуд. Ва дар миёни Ҳиром ва Сулаймон сулҳу осоиштагӣ буд, ва ҳар дуи онҳо иттифоқ бастанд.

13 Ва подшоҳ Сулаймон бар тамоми Исроил ӯҳдадорӣ муқаррар намуд, ва ин ӯхдадорӣ аз сӣ ҳазор одам иборат буд.

14 Ва аз онҳо ҳар моҳ даҳ ҳазор нафарро бо навбат ба Лубнон мефиристод, ки онҳо як моҳ дар Лубнон ва ду моҳ дар хонаи худ мемонданд. Ва Адӯниром ба ин ӯхдадорӣ сардорӣ менамуд.

15 Ва Сулаймон ҳафтод ҳазор нафар боркаш, ва ҳаштод ҳазор нафар сангтарош дар кӯҳистон дошт,

16 Ба ғайр аз сардороне ки Сулаймон дар сари кор гузошта буд, ки се ҳазору сесад нафар буда, ба мардуми иҷрокунандаи кор назорат мекарданд.

17 Ва подшоҳ амр фармуд, ва сангҳои бузург, сангҳои гаронбаҳо, сангҳои тарошидашуда барои гузоштани буньёди хона кашонда меоварданд.

18 Ва онҳоро бинокорони Сулаймон ва бинокорони Ҳиром ва ҷабалиён суфта мекарданд, ва дарахтону сангҳоро барои сохтмони хона тайёр мекарданд.

6

БОБИ ШАШУМ

Ибтидои сохтмони маъбад.

1 Ва дар соли чорсаду ҳаштодуми аз Миср берун омадани банӣ‐Исроил, дар соли чоруми подшоҳии Сулаймон бар Исроил, дар моҳи зив, ки моҳи дуюм аст, ӯ ба бино кардани хонае барои Худованд шурӯъ намуд.

2 Ва хонае ки подшоҳ Сулаймон барои Худованд бино кард, дарозияш шаст зироъ, фарохияш бист зироъ ва қадаш сӣ зироъ буд.

3 Ва равоқи пеши толори хона, мувофиқи фарохии хона, дарозияш бист зироъ ва қадаш даҳ зироъ дар пеши хона буд.

4 Ва барои хона тирезаҳои пӯшидаи шабакадор сохт.

5 Ва назди девори хона иморати изофӣ сохт, ки он гирдогирди деворҳои хона, яъне гирдогирди толор ва ҳарам буд; ва гирдогирд хоначаҳо сохт.

6 Қабати поёнии иморати изофӣ панҷ зироъ фарохӣ, қабати миёнаи он шаш зироъ фарохӣ ва қабати сеюми он ҳафт зироъ фарохӣ дошт, зеро ки гирдогирди хона аз берун барҷастагиҳо гузошта шуда буд, то ки болорҳо ба деворҳои хона пайванд нашавад.

7 Ва ҳангоме ки хона бино меёфт, он аз сангҳои яклухте ки тарошида оварда буданд, бино ёфт, ва садои болға ва табар ва ҳар олати оҳанин дар вақти бино ёфтани хона шунида нашуд.

8 Дари қабати миёна аз тарафи рости хона буд, ва ба воситаи зинапояи печопеч ба қабати миёна, ва аз қабати миёна ба қабати сеюм мебаромаданд.

9 Ва ӯ хонаро бино карда, ба анҷом расонид; ва хонаро бо чӯбу тахтаҳои арз рӯйбаст кард.

10 Ва дар гирди тамоми хона иморати изофӣ сохт, ки қади ҳар қабаташ панҷ зироъ буд; ва он бо болорҳои арз ба хона пайванд гардид.

11 Ва каломи Худованд бар Сулаймон нозил шуда, гуфт:

12 «Ин хонае ки ту бино мекунӣ, — агар ту бар тибқи фароизи Ман рафтор намоӣ ва дастурҳои Маро ба ҷо оварӣ, ва тамоми аҳкоми Маро нигоҳ дошта, мувофиқи онҳо қадамгузор шавӣ, — он гоҳ Ман каломи Худро, ки ба падарат Довуд гуфтаам, бо ту ба амал хоҳам овард.

13 Ва дар миёни банӣ‐Исроил сокин шуда, қавми Худ Исроилро тарк нахоҳам кард».

14 Ва Сулаймон хонаро бино карда, ба анҷом расонид.

15 Ва деворҳои хонаро аз дарун бо чӯбҳои арз бино кард, аз замини хона то болорҳои сақф аз дарун бо тахта рӯйбаст намуд, ва замини хонаро бо чӯбҳои сарв фарш кард.

16 Ва бист зироъро аз ақсои хона бо чӯбҳои сарв аз замин то болорҳои сақф бино кард; ва инро ӯ аз дарун барои ҳарам, ки қудси қудсҳост, бино кард.

17 Ва хона, яъне толори пеши ҳарам, чил зироъ буд.

18 Ва бар рӯйбасти арзии даруни хона кандакорӣ ба шакли ғунчаҳо ва шукуфаҳо буд; ҳама ҷо бо арз рӯйбаст карда шуда буд, санге ба назар наменамуд.

19 Ва ҳарамро андаруни хона барои он сохта буд, ки дар он ҷо сандуқи аҳди Худовандро ҷойгир кунад.

20 Ва даруни ҳарам бист зироъ дарозӣ, ва бист зироъ фарохӣ ва бист зироъ қад дошт, ва онро ӯ бо зари холис рӯйбаст намуд; қурбонгоҳи арзиро низ рӯйбаст намуд.

21 Ва Сулаймон хонаро аз дарун бо зари холис рӯйбаст намуд; ва пеши дари ҳарам занҷирҳои тилло овехт, ва онро бо тилло рӯйбаст намуд.

22 Ва тамоми хонаро, то охири тамоми хона, бо тилло рӯйбаст намуд; ва тамоми қурбонгоҳро, ки пеши дари ҳарам буд, бо тилло рӯйбаст намуд.

23 Ва дар ҳарам ду каррубӣ аз чӯби зайтун сохт, ки қади ҳар яке даҳ зироъ буд.

24 Ва як боли каррубӣ панҷ зироъ ва боли дигари каррубӣ панҷ зироъ буд; аз сари як бол то сари боли дигар даҳ зироъ буд.

25 Ва каррубии дуюм даҳ зироъ буд; ҳар ду каррубӣ як андоза ва як шакл доштанд.

26 Қади як каррубӣ даҳ зироъ буд, ва ҳамчунин каррубии дигар.

27 Ва ӯ каррубиёнро дар миёни хонаи дарунӣ гузошт, дар ҳолате ки болҳои каррубиён паҳн шуда буд, ва боли як каррубӣ ба як девор мерасид, ва боли каррубии дигар ба девори дигар мерасид, ва болҳои дигари онҳо дар миёни хона бол бо бол бармехӯрд.

28 Ва ӯ каррубиёнро бо тилло рӯйбаст намуд.

29 Ва бар ҳамаи деворҳои хона, гирдогирд, нақшҳои каррубиён ва нахлҳо ва ғунчаҳои шукуфтаро дар андарун ва берун канд.

30 Ва замини хонаро дар андарун ва берун бо тилло рӯйбаст намуд.

31 Ва дар даромадгоҳи ҳарам дари дутабақа аз чӯби зайтун сохт; паҳлударии он панҷгӯша буд.

32 Ва бар он дари дутабақа, ки аз чӯби зайтун буд, ӯ нақшҳои каррубиён ва нахлҳо ва ғунчаҳои шукуфтаро канд ва бо тилло рӯйбаст намуд; ва каррубиён ва нақшҳои нахлро бо тилло пӯшонид.

33 Ва ҳамчунин барои дари толор паҳлудариҳо аз чӯби зайтун сохт, ки чоргӯша буд.

34 Ва ду табақаи ин дар аз чӯби сарв буд; ва ду тахтаи табақаи аввал мутаҳаррик буд, ва ду тахтаи табақаи дуюм мутаҳаррик буд.

35 Ва бар онҳо нақшҳои каррубиён ва нахлҳо ва ғунчаҳои шукуфтаро канд, ва онҳоро бо тиллое ки ба кандакорӣ мувофиқ кунонида буд, рӯйбаст намуд.

36 Ва саҳни дохилиро аз се қатор сангҳои тарошидашуда ва як қатор ғӯлаҳои арз бино кард.

37 Дар соли чорум, дар моҳи зив, буньёди хонаи Худованд гузошта шуд.

38 Ва дар соли ёздаҳум, дар моҳи бул, ки моҳи ҳаштум аст, хона бо тамоми лавозимоташ мувофиқи ҳамаи дастурҳояш ба анҷом расид; ва ҳафт сол ӯ онро бино кард.

7

БОБИ ҲАФТУМ

Бино кардани қасри подшоҳ.

1 Валекин хонаи худро Сулаймон сездаҳ сол бино кард, ва тамоми хонаи худро ба анҷом расонид.

2 Ва хонаи Ҷангали Лубнонро бино кард, ки дарозияш сад зироъ, ва фарохияш панҷоҳ зироъ, ва қадаш сӣ зироъ буд, — он бар чор қатор сутунҳои арз бино ёфт, ки бар он сутунҳо ғӯлаҳои арз гузошта шуда буд.

3 Ва аз болои ғӯлаҳое ки бар сутунҳо гузошта шуда буд, сақф бо арз рӯйбаст карда шуд, — адади он сутунҳо чилу панҷ, дар ҳар қатор понздаҳ буд.

4 Ва роғҳо се қатор буд, ва равзан рӯ ба рӯи равзан дар се қатор буд.

5 Ва ҳамаи дарҳо ва паҳлудариҳо чоргӯшаи роғдор буд, ҳамчунин равзан рӯ ба рӯи равзан дар се қатор чоргӯша буд.

6 Ва равоқе аз сутунҳо сохт, ки дарозияш панҷоҳ зироъ, ва фарохияш сӣ зироъ буд; ва долоне пеши онҳо, ва сутунҳо ва остонае пеши онҳо буд;

7 Ва равоқе барои тахт, ки дар он ҷо ӯ доварӣ мекард, яъне равоқе барои доварӣ сохт, ва онро аз замин то болорҳои сақф бо чӯби арз рӯйбаст намуд.

8 Ва хонаи ӯ, ки дар он иқомат дошт, дар саҳни дигаре аз ақиби ин равоқ ба ҳамин тариқа рӯйбаст намуда шуд; ва барои духтари фиръавн, ки Сулаймон ба занӣ гирифта буд, хонае сохта, мисли он равоқ рӯйбаст намуд.

9 Ҳамаи ин биноҳо аз сангҳои гаронбаҳое ки бо андоза тарошида ва аз даруну берун суфта карда шуда буд, аз таҳкурсӣ то сари девор ва аз берун то саҳни бузург сохта шуда буд.

10 Ва дар таҳкурсӣ сангҳои гаронбаҳо, сангҳои бузург, сангҳои даҳ‐зироӣ ва сангҳои ҳашт‐зироӣ гузошта шуда буд;

11 Ва аз болои онҳо сангҳои гаронбаҳои бо андоза тарошидашуда ва чӯби арз буд.

12 Ва гирдогирди саҳни бузург се қатор сангҳои тарошидашуда ва як қатор ғӯлаҳои арз буд; ва саҳни дохилии хонаи Худованд ва равоқи хона низ чунин таворае дошт.

Ороиши маъбад.

13 Ва подшоҳ Сулаймон фиристода, Ҳиромро аз Сӯр оваронид,

14 Ки ӯ писари бевазане аз сибти Нафтолӣ буд, ва падараш марди сӯрии мисгар буд. Ва ӯ пур аз ҳикмат ва маҳорат ва дониш барои иҷрои ҳар кори мисгарӣ буд, ва назди подшоҳ Сулаймон омада, тамоми кори варо ба ҷо овард.

15 Ва қолибе аз мис барои ду сутун рехт, ки қади ҳар сутун ҳаждаҳ зироъ буд, ва риштае ба дарозии дувоздаҳ зироъ ҳар якеро дар бар мегирифт.

16 Ва ду тоҷи аз мис рехтае сохт, то ки онҳоро бар сари сутунҳо бигузорад; қади як тоҷ панҷ зироъ, ва қади тоҷи дигар панҷ зироъ буд.

17 Шабакаҳои бофта ва шилшилаҳои занҷиршакл барои тоҷҳое ки бар сари сутунҳо буд, сохт: ҳафт адад барои як тоҷ, ва ҳафт адад барои тоҷи дигар.

18 Сутунҳоро ӯ ҳамин тавр сохт, бо ду қатор анорҳо бар ҳар шабака барои пӯшонидани тоҷҳое ки бар сари сутунҳо буд; ва ҳамчунин барои тоҷи дуюм сохт.

19 Ва бар тоҷҳое ки бар сари сутунҳои равоқ буд, ороише ба шакли савсанҳо сохт, ки қадаш чор зироъ буд.

20 Ва бар тоҷҳое ки бар ду сутун буд, аз болотари барҷастагии онҳо низ, назди шабака, дусад адад анор дар қаторҳо гирдогирд буд; ҳамчунин бар тоҷи дуюм буд.

21 Ва сутунҳоро пеши равоқи толор барқарор намуд; ва сутуни ростро барқарор намуда, номи онро Ёкин хонд, ва сутуни чапро барқарор намуда, номи онро Бӯаз хонд.

22 Ва бар сари сутунҳо ороише ба шакли савсанҳо буд; ва кори сутунҳо бо ҳамин ба анҷом расид.

23 Ва ҳавзе сохт, ки аз мис рехта шуда буд, аз лаб то лабаш даҳ зироъ буд, шакли комилан доиравӣ дошт, ва қадаш панҷ зироъ буд, ва риштаи сӣ‐зироӣ онро гирдогирд дар бар мегирифт.

24 Ва зери лаби он гирдогирд ғунчаҳо буд, ки онро дар бар мегирифт, ба тавре ки ба ҳар зироъ даҳ адад аз онҳо буд, ва онҳо ҳавзро гирдогирд дар бар мегирифт; ин ғунчаҳо ду қатор буда, баробари рехта шудани он рехта шуда буд.

25 Он бар дувоздаҳ гов меистод, ки се адади онҳо ба тарафи шимол менигарист, ва се адади онҳо ба тарафи ғарб менигарист, ва се адади онҳо ба тарафи ҷануб менигарист, ва се адади онҳо ба тарафи шарқ менигарист, ва ҳавз аз боло бар онҳо меистод, ва ҳамаи пуштҳои онҳо дар таги он буд.

26 Ва ғафсии он як ваҷаб буд, ва лабаш мисли лаби ҷилди гули савсан сохта шуда буд; гунҷоиши он ду ҳазор бат буд.

27 Ва ӯ даҳ пояи мисин сохт; дарозии ҳар поя чор зироъ буд, ва фарохияш — чор зироъ, ва қадаш — се зироъ.

28 Ва сохти поя чунин буд, ки ҳошияҳо дошт, ва ҳошияҳо дар миёни тасмаҳо буд.

29 Ва бар ҳошияҳои миёни тасмаҳо суратҳои шерон, говон ва каррубиён буд, ва ҳамчунин бар тасмаҳои боло; ва дар поёни шерон ва говон нақшҳои гулдаста овезон буд.

30 Ва ҳар поя чор чархи мисин ва меҳварҳои мисин дошт; ва чор кунҷи он китфҳо дошт, ки китфҳои рехташудае дар таги дастшӯяк буд, ва дар он тарафаш нақшҳои гулдаста буд.

31 Ва даҳанаш дар миёни тоҷ ва болои он як зироъ буд; ва даҳанаш шакли доиравӣ дошта, чун таҳкурсӣ хизмат мекард ва якуним зироъ буд, ва бар даҳанаш низ нақшу нигор буд, ва нақшҳои онҳо чоргӯша буд, на доирашакл.

32 Ва чор чарх дар таги ҳошияҳо буд, ва меҳварҳои чархҳо дар поя буд; ва қади ҳар чарх якуним зироъ буд.

33 Ва сохти чархҳо мисли сохти чархҳои ароба буд; меҳварҳошон ва чанбаракҳошон ва парраҳошон ва гупчакҳошон — ҳамааш рехта шуда буд.

34 Ва чор китф бар чор гӯшаи ҳар поя буд, ва китфҳои поя аз худаш буд.

35 Ва бар сари поя лӯндагии доирашакле буд, ки қадаш ним зироъ буд; ва бар сари поя дастакҳояш ва ҳошияҳояш аз худаш буд.

36 Ва бар лавҳаҳояш ва дастакҳояш ва ҳошияҳояш, мувофиқи сатҳи холии ҳар яке, нақшҳои каррубиён, шерон ва нахлҳоро ба вуҷуд овард, ва гирдогирди онҳо нақшҳои гулдаста буд.

37 Даҳ пояро ӯ ҳамин тавр сохт, ки ҳамаи онҳо як рехт, як андоза, як шакл доштанд.

38 Ва даҳ дастшӯяки мисин сохт; гунҷоиши ҳар дастшӯяк чил бат буд; қади ҳар дастшӯяк чор зироъ буд; бар ҳар поя, аз он даҳ поя, як дастшӯяк буд.

39 Ва панҷ пояро дар тарафи рости хона, ва панҷ ададашро дар тарафи чапи хона гузошт; ва ҳавзро дар тарафи рости хона, дар ҷониби шарқи ҷанубӣ ҷойгир кард.

40 Ва Ҳиром дастшӯякҳо ва хокандозҳо ва косаҳо сохт; ва Ҳиром тамоми кореро, ки назди подшоҳ Сулаймон барои хонаи Худованд ба ҷо меовард, ба анҷом расонид:

41 Ду сутун, ва ду гулӯлаи тоҷҳое ки бар сари сутунҳо буд; ва ду шабака барои пӯшонидани ду гулӯлаи тоҷҳое ки бар сари сутунҳо буд;

42 Ва чорсад аноре ки барои ду шабака буд: ду қатор анорҳо барои ҳар шабака аз баҳри пӯшонидани ду гулӯлаи тоҷҳое ки болои сутунҳо буд;

43 Ва даҳ поя, ва даҳ дастшӯяке ки бар пояҳо буд;

44 Ва як ҳавз, ва дувоздаҳ гове ки дар таги ҳавз буд;

45 Ва дегҳо, ва хокандозҳо, ва косаҳо, — тамоми ин колое ки Ҳиром назди подшоҳ Сулаймон барои хонаи Худованд сохт, аз миси сайқалӣ буд.

46 Онҳоро подшоҳ дар умқи гиле ки дар водии Урдун, дар миёни Суккӯт ва Сортон буд, рехт.

47 Ва Сулаймон тамоми ин колоро ҷо ба ҷо гузошт; азбаски адади онҳо бағоят бисьёр буд, вазни мис муайян карда нашуд.

48 Ва Сулаймон тамоми колоеро, ки дар хонаи Худованд буд, сохт: қурбонгоҳи тилло, ва мизе ки нони тақдим бар он буд, — аз тилло;

49 Ва чароғҳо, ки панҷ адад аз тарафи рост ва панҷ адад аз тарафи чап, пеши ҳарам буд, — аз тиллои холис; ва гулҳо, ва косачаҳои равғани чароғ, ва анбӯрҳо, — аз тилло;

50 Ва тосҳо, ва оташгиракҳо, ва косаҳо, ва қошуқҳо, ва маҷмарҳо, — аз тиллои холис; ва ошиқ‐маъшуқҳо барои дарҳои хонаи дохилӣ, ки қудси қудсҳо бошад, ва барои дарҳои хона, ки толор бошад, — аз тилло.

51 Ва тамоми коре ки подшоҳ Сулаймон барои хонаи Худованд ба ҷо овард, анҷом ёфт; ва Сулаймон он чиро, ки падараш Довуд вақф намуда буд, яъне он нуқра ва тилло ва колоро оварда, ба ганҷинаи хонаи Худованд супурд.

8

БОБИ ҲАШТУМ

Тақдис кардани маъбад.

1 Он гоҳ Сулаймон пирони Исроил, ҳамаи сардорони сибтҳо, раисони хонаводаҳои банӣ‐Исроилро назди подшоҳ Сулаймон дар Ерусалим ҷамъ кард, то ки сандуқи аҳди Худовандро аз шаҳри Довуд, ки Сион бошад, бароваранд.

2 Ва тамоми мардуми Исроил дар моҳи этоним, ки моҳи ҳафтум аст, дар ид назди подшоҳ Сулаймон чамъ шуданд.

3 Ва ҳамаи пирони Исроил омаданд, ва коҳинон сандуқро бардоштанд.

4 Ва сандуқи Худованд, ва ҳаймаи ҷомеъ, ва тамоми колои муқаддасро, ки дар хайма буд, бардоштанд; ва коҳинон ва левизодагон онҳоро бардоштанд.

5 Ва подшоҳ Сулаймон ва тамоми ҷамоати Исроил, ки назди ӯ ҷамъ шуда буданд, ҳамроҳи ӯ пеши сандуқ истода, гӯсфандон ва говонро қурбонӣ мекарданд, ки миқдори онҳоро, ба сабаби бисьёриашон, ба ҳисоб овардан ва муайян намудан мумкин набуд.

6 Ва коҳинон сандуқи аҳди Худовандро ба маконаш, ба ҳарами хона, ба қудси қудсҳо, зери болҳои каррубиён дароварданд.

7 Зеро ки каррубиён болҳошонро бар макони сандуқ паҳн мекарданд; ва каррубиён сандуқ ва дастакҳояшро аз боло мепӯшониданд.

8 Ва дастакҳо он қадар дароз буд, ки сари дастакҳо аз қудсе ки пеши ҳарам буд, дида мешуд, вале аз берун дида намешуд; онҳо то имрӯз дар он ҷост.

9 Дар сандуқ чизе набуд, ғайр аз ду лавҳи санг, ки Мусо дар Ҳӯриб дар он гузошт, вақте ки Худованд бо банӣ‐Исроил, ҳангоми берун омаданашон аз замини Миср, аҳд баст.

10 Ва чунин воқеъ шуд, ки чун коҳинон аз қудс берун омаданд, абр хонаи Худовандро пур кард.

Ҷалоли Худованд маъбадро пур мекунад.

Дуои Сулаймон.

11 Ва коҳинон, ба сабаби абр, натавонистанд барои хизмат биистанд, зеро ки ҷалоли Худованд хонаи Худовандро пур карда буд.

12 Он гоҳ Сулаймон гуфт: «Худованд гуфтааст, ки дар меғ сокин мешавад.

13 Ман хонае барои сукунати Ту бино намудаам, маконе барои он ки Ту дар он то абад сокин шавӣ».

14 Ва подшоҳ рӯи худро гардонида, тамоми ҷамоати Исроилро баракат дод, ва тамоми ҷамоати Исроил меистоданд.

15 Ва гуфт: «Муборак аст Худованд Худои Исроил, ки бо даҳони Худ ба падарам Довуд сухан рондааст, ва бо дасти Худ онро ба ҷо овардааст! Ӯ гуфтааст:

16 „Аз рӯзе ки Ман қавми Худ Исроилро аз Миср берун овардаам, шаҳреро аз ҳамаи сибтҳои Исроил барои бино кардани хонае барнагузидаам, то ки исми Ман дар он бошад; валекин Ман Довудро баргузидам, то ки ӯ бар қавми Ман Исроил сардорӣ намояд“.

17 Ва дар дили падарам Довуд орзуе буд, ки хонае ба исми Худованд Худои Исроил бино кунад.

18 Вале Худованд ба падарам Довуд гуфт: „Чун дар дили ту орзуе буд, ки хонае ба исми Ман бино намоӣ, хуб кардӣ, ки чунин орзу дар дили худ доштӣ;

19 Аммо ту хонаро бино нахоҳӣ кард, балки писари ту, ки аз камари ту берун ояд, — ӯ хонаро ба исми Ман бино хоҳад кард“.

20 Ва Худованд каломи Худро, ки ба забон ронда буд, ба ҷо овард, ва ман ба ҷои падарам Довуд ба майдон омадам ва, бар тибқи он чи Худованд гуфта буд, бар тахти Исроил нишастам ва хонае ба исми Худованд Худои Исроил бино кардам.

21 Ва дар он, маконе барои сандуқи аҳди Худованд муҳайё намудам, аҳде ки Ӯ бо падарони мо, вақте ки онҳоро аз замини Миср берун овард, баста буд».

22 Ва Сулаймон пеши қурбонгоҳи Худованд, дар рӯ ба рӯи тамоми ҷамоати Исроил истода, дастҳояшро сӯи осмон дароз кард,

23 Ва гуфт: «Эй Худованд Худои Исроил! Худое мисли Ту на дар осмон аз боло ҳаст, на бар замин аз поён. Ту ба бандагони Худ, ки ба ҳузури Ту бо тамоми дили худ рафтор менамоянд, аҳд ва эҳсонро нигоҳ медорӣ.

24 Ту он чиро, ки ба бандаи Худ — падарам Довуд — гуфтӣ, риоя намудӣ: Ту бо даҳони Худ гуфтӣ ва бо дасти Худ ба ҷо овардӣ, чунон ки имрӯз воқеъ шудааст.

25 Ва алҳол, эй Худованд Худои Исроил, барои бандаи Худ, падарам Довуд, он каломро риоя намо, ки ба ӯ гуфтаӣ: „Касе ки ба ҳузури Ман бар тахти Исроил биншинад, барои ту хотима нахоҳад ёфт, ба шарте ки писаронат роҳҳои худро нигоҳ дошта, ба ҳузури Ман рафтор намоянд, чунон ки ту ба ҳузури Ман рафтор намудаӣ“.

26 Ва алҳол, эй Худои Исроил, бигзор каломи Ту, ки ба бандаи Худ, падарам Довуд гуфтаӣ, собит гардад!

27 Оё дар ҳақиқат Худо бар замин сокин хоҳад шуд? Охир, осмон ва фалакулафлок наметавонад Туро гунҷоиш диҳад, чӣ ҷои ин хонае ки ман бино кардаам!

28 Валекин, эй Худованд Худои ман, ба дуои бандаи Худ ва ба истиғосаи вай таваҷҷӯҳ намо, то тазаррӯъ ва дуоеро, ки бандаат имрӯз ба ҳузури Ту мегӯяд, бишнавӣ,

29 Ва чашмони Ту бар ин хона, бар ин маконе ки дар бораи он гуфтаӣ: „Исми Ман дар он ҷо хоҳад буд“, шабу рӯз воз бошад, ва Ту дуоеро, ки бандаат дар ин макон мегӯяд, бишнавӣ.

30 Ва Ту истиғосаи бандаи Худ ва қавми Худ Исроилро, ки дар ин макон дуо мегӯянд, бишнав, онро аз ҷои сукунати Худ, аз осмон бишнав, ва шунида, биомурз.

31 Ҳангоме ки касе нисбат ба ёри худ гуноҳ карда, ба қасам хӯрдан маҷбур шавад, ва омада, пеши қурбонгоҳи Ту дар ин хона қасам хӯрад, —

32 Он гоҳ Ту аз осмон бишнав, ва бар бандагонат доварӣ намо, то ки шарирро айбдор карда, рафторашро ба сараш баргардонӣ, ва одилро сафед карда, бар тибқи адолаташ ба вай подош диҳӣ.

33 Ҳангоме ки қавми Ту Исроил барои гуноҳе ки ба ҳузури Ту ба амал оварда бошанд, пеши душман мағлуб шаванд, ва сӯи Ту руҷӯъ намуда ва исми Туро ҳамду сано хонда, пеши Ту дар ин хона дуо гӯянд ва истиғоса кунанд, —

34 Он гоҳ Ту аз осмон бишнав, ва гуноҳи қавми Худ Исроилро биомурз, ва онҳоро ба замине ки ба падаронашон додаӣ, баргардон.

35 Ҳангоме ки осмон баста шавад ва барои гуноҳе ки ба ҳузури Ту ба амал оварда бошанд, борон наборад, ва дар ин макон дуо гуфта ва исми Туро ҳамду сано хонда, аз гуноҳи худ тавба кунанд, чунки Ту онҳоро фурӯ нишондаӣ, —

36 Он гоҳ Ту аз осмон бишнав, ва гуноҳи бандагони Худ ва қавми Худ Исроилро омурзида, роҳи некӯро, ки бо он бояд бираванд, ба онҳо нишон бидеҳ, ва бар замини Худ, ки онро ба қавми Худ барои мерос додаӣ, борон бифирист.

37 Агар дар замин қаҳтӣ рӯй диҳад, агар вабо ояд, агар боди самум, хушксолӣ, малах ё кирмак пайдо шавад, агар душманонашон онҳоро дар шаҳрҳои заминашон ба танг оваранд, агар ягон мусибат ё ягон беморӣ воқеъ шавад, —

38 Он гоҳ ҳар дуо ва ҳар истиғосаро, ки аз ҷониби ҳар одам, ё аз ҷониби тамоми қавми Ту Исроил гуфта мешавад, вақте ки ҳар яке аз онҳо мусибати дили худро медонанд ва дастҳои худро сӯи ин хона дароз мекунанд,

39 Ту аз осмон, ки макони сукунати Туст, бишнав ва биомурз, ва амал намуда, ба ҳар кас, ки дили варо медонӣ, бар тибқи тамоми рафтораш подош бидеҳ, зеро ки танҳо Ту донандаи дилҳои тамоми банӣ‐одам ҳастӣ,

40 То ки онҳо тамоми айёми худ аз Ту ҳаросон бошанд, — тамоми айёме ки онҳо бар рӯи замине ки Ту ба падарони мо додаӣ, зиндагӣ мекунанд.

41 Ва ҳамчунин аҷнабиро, ки аз қавми Ту Исроил набошад, вале ба хотири исми Ту аз замини дурдаст омада бошад, —

42 Зеро ки онҳо низ овозаи исми бузурги Ту ва дасти қавии Ту ва бозуи тӯлонии Туро хоҳанд шунид, — ва ҳангоме ки вай омада, дар ин хона дуо гӯяд,

43 Ту аз осмон, ки макони сукунати Туст, бишнав, ва ҳар он чиро, ки аҷнабӣ сӯи Ту хонда дархост намояд, ба амал овар, то ки ҳамаи қавмҳои замин исми Туро бишиносанд, ва аз Ту мисли қавми Ту Исроил ҳаросон бошанд, ва бидонанд, ки исми Ту бар ин хонае ки ман бино кардам, хонда шудааст.

44 Ҳангоме ки қавми Ту ба ҷанги зидди душмани худ, бо роҳе ки Ту онҳоро фиристодаӣ, берун оянд, ва ба шаҳре ки Ту баргузидаӣ, ва ба хонае ки ман ба исми Ту бино кардаам, руҷӯъ намуда, сӯи Худованд дуо гӯянд, —

45 Он гоҳ Ту аз осмон дуо ва истиғосаи онҳоро бишнав, ва дархости онҳоро ба ҷо овар.

46 Ҳангоме ки онҳо пеши Ту гуноҳ кунанд, — зеро касе нест, ки гуноҳ накунад, — ва ту бар онҳо ғазаб карда, онҳоро ба душман таслим намоӣ, ва асиркунандагонашон онҳоро ба замини душман, — хоҳ наздик бошад хоҳ дур, — бибаранд;

47 Ва ҳангоме ки онҳо дар замине ки он ҷо асир бошанд, ба худ омада тавба кунанд, ва дар замини асиркунандагони худ сӯи Ту истиғоса намуда, гӯянд: „Мо гуноҳ карда ва осӣ шуда, рафтори шарирона кардем“;

48 Ва ҳангоме ки онҳо дар замини душманонашон, ки онҳоро ба асирӣ бурдаанд, бо тамоми дили худ ва бо тамоми ҷони худ сӯи Ту баргарданд, ва ба замине ки Ту ба падаронашон додаӣ, ба шаҳре ки Ту баргузидаӣ, ва ба хонае ки ман ба исми Ту бино кардаам, руҷӯъ намуда, сӯи Ту дуо гӯянд, —

49 Он гоҳ Ту аз осмон, ки макони сукунати Туст, дуо ва истиғосаи онҳоро бишнав, ва дархости онҳоро ба ҷо овар,

50 Ва қавми Худро, ки пеши Ту гуноҳ кардаанд, афв намо, ва ҳамаи маъсиятҳои онҳоро, ки пеши Ту ба амал овардаанд, биомурз, ва нисбат ба онҳо дар дили асиркунандагонашон тараҳҳум ба вуҷуд овар, то ки ба онҳо раҳм кунанд;

51 Зеро ки онҳо қавми Ту ва мероси Ту ҳастанд, ки онҳоро аз Миср, аз даруни кӯраи оҳан берун овардаӣ,

52 То ки чашмони Ту ба истиғосаи бандаи Ту ва ба истиғосаи қавми Ту Исроил воз бошад, ва Ту онҳоро, ҳар вақте ки сӯи Ту бихонанд, бишнавӣ;

53 Зеро ки Ту онҳоро аз миёни ҳамаи қавмҳои замин, барои Худ ҳамчун мерос ҷудо кардаӣ, чунон ки ба воситаи бандаат Мусо сухан рондӣ, вақте ки Ту, эй Худованд Худо, падарони моро аз Миср берун овардӣ».

Сулаймон қавмро баракат медиҳад.

54 Ва чун Сулаймон гуфтани тамоми ин дуо ва истиғосаро назди Худованд ба анҷом расонид, аз пеши қурбонгоҳи Худованд, аз он ҳолате ки зону зада ва дастҳояшро сӯи осмон дароз карда буд, бархост;

55 Ва истода, тамоми ҷамоати Исроилро бо овози баланд баракат дод ва гуфт:

56 «Муборак аст Худованд, ки ба қавми Худ Исроил, мувофиқи ҳар каломи Худ, оромӣ бахшидааст! Аз тамоми каломи неке ки Ӯ ба воситаи бандаи Худ Мусо гуфта буд, як сухан ҳам зоеъ нарафтааст.

57 Бигзор Худованд Худои мо бо мо бошад, чунон ки бо падарони мо буд; бигзор моро тарк накунад ва напартояд,

58 Балки дилҳои моро сӯи Худ моил гардонад, то ки дар ҳамаи роҳҳои Ӯ равона шавем ва фароизу аҳкому дастурҳои Ӯро, ки ба падарони мо амр фармудааст, риоя намоем.

59 Ва бигзор ин суханонам, ки бо онҳо ба ҳузури Худованд истиғоса намудаам, рӯзу шаб ба Худованд Худои мо наздик бошад, то ки Ӯ дархости бандаи Худ ва дархости қавми Худ Исроилро рӯз ба рӯз ба ҷо оварад,

60 То ҳамаи қавмҳои замин бидонанд, ки Худованд Худост, ва дигаре нест.

61 Ва бигзор дили шумо бо Худованд Худои мо пур бошад, то ки мувофиқи фароизи Ӯ рафтор намоед ва аҳкоми Ӯро мисли имрӯз ба ҷо оваред».

62 Ва подшоҳ ва тамоми Исроил ҳамроҳи ӯ барои Худованд қурбонӣ карданд.

63 Ва Сулаймон ҳамчун қурбонии саломатӣ, ки барои Худованд оварда буд, бисту ду ҳазор гов ва саду бист ҳазор гӯсфанд забҳ намуд; ва подшоҳ ва тамоми банӣ‐Исроил хонаи Худовандро тақдис карданд.

64 Дар ҳамон рӯз подшоҳ миёнаи саҳнро, ки пеши хонаи Худованд аст, тақдис намуд, чунки қурбониҳои сӯхтанӣ ва ҳадияҳои ордӣ ва чарбуи қурбониҳои саломатиро дар он ҷо ба амал овард, зеро қурбонгоҳи мисине ки ба ҳузури Худованд буд, барои гунҷонидани қурбониҳои сӯхтанӣ ва ҳадияҳои ордӣ ва чарбуи қурбониҳои саломатӣ хурдӣ кард.

65 Ва Сулаймон дар он вақт ид кард, ва тамоми Исроил ҳамроҳи ӯ буданд, ки ин ҷамоати бузург, аз даромадгоҳи Ҳамот то водии Миср, ҳафт рӯз ва ҳафт рӯз, ҷамъ чордаҳ рӯз ба ҳузури Худованд Худои мо буданд.

66 Дар рӯзи ҳаштум ӯ қавмро фиристод, ва онҳо подшоҳро баракат доданд, ва аз тамоми некие ки Худованд барои бандаи Худ Довуд ва қавми Худ Исроил карда буд, хурсанд ва дилшод гардида, ба хаймаҳои худ рафтанд.

9

БОБИ НӮҲУМ

Худованд бори дуюм ба Сулаймон зоҳир мешавад.

1 Ва баъд аз он ки Сулаймон бино кардани хонаи Худованд ва хонаи подшоҳро ба анҷом расонид, ва ҳар орзуи Сулаймон, ки мехост ба ҷо оварад, муяссар гардид,

2 Худованд бори дуюм ба Сулаймон зоҳир шуд, чунон ки дар Ҷибъӯн ба ӯ зоҳир шуда буд.

3 Ва Худованд ба ӯ гуфт: «Дуои ту ва истиғосаи туро, ки ба ҳузури Ман кардӣ, шунидам, ва ин хонаро, ки ту сохтӣ, то ки исми Ман то абад бар он хонда шавад, тақдис намудам, ва чашмони Ман ва дили Ман тамоми айём дар он хоҳад буд.

4 Ва агар ту ба ҳузури Ман, чунон ки падарат Довуд рафтор менамуд, бо дили соф ва аз рӯи виҷдон рафтор намуда, ҳар чиро, ки Ман ба ту амр фармудаам, ба ҷо оварӣ ва фароизу аҳкоми Маро нигоҳ дорӣ,

5 Ман тахти салтанати туро бар Исроил то абад барқарор хоҳам кард, чунон ки ба падарат Довуд сухан ронда, гуфтаам: „Аз ту касе ки бар тахти Исроил биншинад, аз миён нахоҳад рафт“.

6 Аммо агар шумо ва писарони шумо аз пайравии Ман рӯй гардонида, аҳкому фароизеро, ки ба шумо додаам, риоя накунед, ва рафта худоёни дигарро ибодат намоед ва ба онҳо саҷда баред,

7 Ман Исроилро аз рӯи замине ки ба онҳо додаам, маҳв хоҳам кард, ва хонаеро, ки ба исми Худ тақдис намудаам, аз ҳузури Худ дур хоҳам андохт, ва Исроил дар миёни ҳамаи қавмҳо зарбулмасал ва хандахариш хоҳад шуд.

8 Ва дар ҳаққи ин хона, ки олишукӯҳ аст, ҳар касе ки аз пеши он бигзарад, аз харобии он дар ҳайрат монда ва ҳуштак зада, хоҳад гуфт: „Аз чӣ сабаб Худованд ба ин замин ва ба ин хона чунин амал намудааст?“

9 Ва хоҳад гуфт: „Аз он сабаб, ки онҳо Худованд Худои худро, ки падаронашонро аз замини Миср берун оварда буд, тарк карданд, ва ба худоёни дигар часпида, онҳоро саҷда ва ибодат намуданд; бинобар ин Худованд тамоми ин мусибатро ба сари онҳо овардааст“».

Ҷалол ва ҳикмати Сулаймон.

10 Ва баъд аз гузаштани бист сол, ки дар ин муддат Сулаймон ду хонаро — хонаи Худованд ва хонаи подшоҳро — бино кард,

11 Ва Ҳиром, подшоҳи Сӯр, Сулаймонро бо чӯби дарахтони арз ва дарахтони сарв ва бо тилло, мувофиқи дилхоҳи ӯ, таъмин намуд, — он гоҳ подшоҳ Сулаймон бист шаҳрро дар замини Ҷалил ба Ҳиром дод.

12 Ва Ҳиром барои дидани шаҳрҳое ки Сулаймон ба ӯ дода буд, аз Сӯр берун омад, валекин онҳо ба назараш писанд наафтод.

13 Ва гуфт: «Ин чӣ шаҳрҳост, ки ту, эй бародарам, ба ман додаӣ?» Ва онҳоро замини Ковул номид, ки то имрӯз чунин ном дорад.

14 Ва Ҳиром ба подшоҳ саду бист киккар тилло фиристода буд.

15 Ва ин аст нақли ӯҳдадорие ки подшоҳ Сулаймон барои бино кардани хонаи Худованд, ва хонаи худаш, ва Миллӯ, ва ҳисори Ерусалим, ва Ҳосӯр, ва Маҷиддӯ ва Ҷозар ҷорӣ карда буд:

16 Фиръавн, подшоҳи Миср, пеш аз ин баромада, Ҷозарро забт намуда буд, ва онро бо оташ сӯзонид, ва канъониёнро, ки дар шаҳр сукунат доштанд, кушт, ва онро ба духтари худ, ки зани Сулаймон буд, маҳр дод.

17 Ва Сулаймон Ҷозар ва Байт‐Ҳӯрӯни поёнро бино кард;

18 Ва низ Баалот ва Тадмӯрро дар биёбони мамлакат;

19 Ва низ ҳамаи шаҳрҳоро, ки Сулаймон барои захираҳо дошт, ва ҳамаи шаҳрҳои аробаҳо ва ҳамаи шаҳрҳои саворонро, ва ҳар он чиро, ки Сулаймон орзу дошт, ки дар Ерусалим ва дар Лубнон ва дар тамоми замини қаламрави худ бино кунад.

20 Тамоми қавме ки аз амӯриён, ҳиттиён, фариззиён, ҳиввиён ва ябусиён боқӣ монда буданд, онҳое ки аз банӣ‐Исроил набуданд,

21 Яъне фарзандони онҳо, ки баъд аз онҳо дар замин боқӣ монда буданд, ва онҳоро банӣ‐Исроил натавониста буданд маҳв намоянд, — ба зиммаи онҳо Сулаймон ӯҳдадории меҳнатӣ гузошт, ки то имрӯз чунин аст.

22 Валекин аз банӣ‐Исроил Сулаймон ба зиммаи касе ӯҳдадории меҳнатӣ нагузошт, зеро ки онҳо ҷанговарон ва навкарони ӯ, ва мирони ӯ, ва саркардагони ӯ, ва сардорони аробаҳо ва саворони ӯ буданд.

23 Инҳоянд сарнозироне ки бар корҳои Сулаймон буданд: панҷсаду панҷоҳ нафар ба мардуми иҷрокунандаи корҳо сардорӣ мекарданд.

24 Ҳамин ки духтари фиръавн аз шаҳри Довуд ба хонаи худ, ки онро ӯ барои вай бино карда буд, гузашт, он гоҳ ӯ Миллӯро бино намуд.

25 Ва Сулаймон ҳар сол се дафъа қурбониҳои сӯхтанӣ ва қурбониҳои саломатӣ бар қурбонгоҳе ки барои Худованд бино карда буд, мебаровард, ва бар мазбаҳе ки пеши Худованд буд, бухур месӯзонид; ва ибодати хонаро бо ҳамин мукаммал намуд.

26 Ва подшоҳ Сулаймон дар Эсьюн‐Ҷобар, ки дар Элӯт, бар соҳили баҳри Қулзум, дар замини Адӯм аст, киштиҳо сохт.

27 Ва Ҳиром навкарони худро, ки маллоҳ буда, дарьёгардиро медонистанд, дар киштиҳо ҳамроҳи навкарони Сулаймон фиристод.

28 Ва онҳо ба Ӯфир рафтанд, ва аз он ҷо чорсаду бист киккар тилло гирифта, ба подшоҳ Сулаймон оварданд.

10

БОБИ ДАҲУМ

Сулаймон ва маликаи Сабо.

1 Ва маликаи Сабо овозаи Сулаймонро оид ба исми Худованд шунида, омад, то ки ӯро бо муаммоҳо имтиҳон кунад.

2 Ва бо аҳли рикоби зиёде ба Ерусалим омад, ки бар шутурони онҳо атриёт, ва тиллои бағоят зиёд, ва сангҳои гаронбаҳо бор карда шуда буд; ва назди Сулаймон омада, бо ӯ аз ҳар чи дар дилаш буд, гуфтугӯ кард.

3 Ва Сулаймон ҳамаи суханони варо ба вай баён намуд, ва чизе аз подшоҳ пӯшида намонд, ки ба вай баён накарда бошад.

4 Ва чун маликаи Сабо тамоми ҳикмати Сулаймонро дид, ва низ хонаеро, ки ӯ бино карда буд,

5 Ва таомҳои суфраи ӯро, ва шинухези навкарони ӯро, ва рафтори хизматгорони ӯро, ва либосҳои онҳоро, ва соқиёни ӯро, ва ҳашаматеро, ки ӯ бо он ба хонаи Худованд мебаромад, — вай тамоман моту мабҳут гардид,

6 Ва ба подшоҳ гуфт: «Он сухане ки ман дар кишвари худ дар бораи корҳо ва ҳикмати ту шунидаам, рост будааст.

7 Вале ман ба суханон бовар накарда будам, то даме ки омада, бо чашмони худ дидам; ва инак, нисфаш ба ман маълум нашуда будааст: ҳикмат ва ҷалоли ту аз овозае ки ман шунида будам, бештар аст.

8 Хушо одамони ту, хушо ин навкарони ту, ки ба ҳузури ту ҳамеша меистанд ва ҳикмати туро мешунаванд!

9 Муборак аст Худованд Худои ту, ки бар ту таваҷҷӯҳ намуда, туро бар тахти Исроил нишонидааст! Азбаски Худованд Исроилро ба сурати абадӣ дӯст медорад, Ӯ туро ба подшоҳӣ таъин намудааст, то ки доварӣ ва адолатро ба амал оварӣ».

10 Ва ба подшоҳ саду бист киккар тилло, ва атриёти бағоят зиёде, ва сангҳои гаронбаҳо инъом кард; он қадар атриёти зиёд, ки маликаи Сабо ба подшоҳ Сулаймон инъом кард, ҳаргиз оварда нашуда буд.

11 Ва киштиҳои Ҳиром низ, ки тилло аз Ӯфир оварда буданд, бағоят бисьёр чӯби сандал ва сангҳои гаронбаҳо оварданд.

12 Ва подшоҳ аз ин чӯби сандал нардаҳо барои хонаи Худованд ва хонаи подшоҳ, ва барбатҳо ва удҳо барои муғанниён сохт; ин қадар чӯби сандал ҳаргиз оварда ва дида нашуда буд.

13 Ва подшоҳ Сулаймон ба маликаи Сабо ҳар чизи дилхоҳи варо, ки талабида буд, дод, ба замми он чи ба вай аз рӯи ҳиммати подшоҳ Сулаймон инъом карда буд. Ва вай бо навкаронаш рӯ ба ҷониби кишвари худ ниҳода, равона шуд.

Даромадҳо ва шукӯҳи дарбори Сулаймон.

14 Ва вазни тиллое ки дар як сол назди Сулаймон меомад, шашсаду шасту шаш киккар тилло буд,

15 Илова бар он чи аз бозаргонон, ва аз тиҷорати савдогарон, ва аз ҳамаи подшоҳони Арабистон, ва аз ҳокимони вилоятҳо мерасид.

16 Ва подшоҳ Сулаймон дусад сипари калон аз тиллои кӯфта сохт, ки барои ҳар сипар шашсад сиқл тилло сарф шуд,

17 Ва сесад сипари хурд аз тиллои кӯфта сохт, ки барои ҳар сипар се моне+ 10:17 Моне — воҳиди андозаи вазни қадимӣ, ки ба сад сиқл баробар буд. тилло сарф шуд; ва подшоҳ онҳоро дар хонаи Ҷангали Лубнон гузошт.

18 Ва подшоҳ тахти калоне аз оҷ сохт, ва онро бо зари холис пӯшонид.

19 Тахт шаш зинапоя дошт, ва сари тахт аз пушташ доирашакл буд, ва нишемангоҳаш аз ду тараф дастмонакҳо дошт, ва ду шер аз паҳлуи дастмонакҳо меистод.

20 Ва дувоздаҳ шер дар он ҷо бар шаш зинапоя аз ду тараф меистод; дар ягон мамлакат мисли он сохта нашуда буд.

21 Ва ҳамаи зарфҳои нӯшидании подшоҳ Сулаймон аз тилло буд, ва ҳамаи зарфҳои хонаи Ҷангали Лубнон аз зари холис буд; ҳеҷ чиз аз нуқра набуд, чунки он дар айёми Сулаймон ҳеҷ қимате надошт.

22 Зеро ки киштиҳои таршишии подшоҳ дар баҳр бо киштиҳои Ҳиром буд; дар се сол як дафъа киштиҳои таршишӣ омада, тилло ва нуқра, оҷ ва маймунҳо ва товусҳо меоварданд.

23 Ва подшоҳ Сулаймон аз ҷиҳати сарват ва ҳикмат аз ҳамаи подшоҳони рӯи замин бузургтар гардид.

24 Ва тамоми аҳли замин толиби дидори Сулаймон буданд, то ҳикматеро, ки Худо дар дили ӯ ниҳода буд, бишнаванд.

25 Ва онҳо ҳар яке ҳадияи худро: колои нуқра, ва колои тилло, ва либос, ва аслиҳа, ва атриёт, ва аспон, ва хачирон сол ба сол меоварданд.

26 Ва Сулаймон аробаҳо ва саворон ҷамъ кард: ӯ ҳазору чорсад ароба ва дувоздаҳ ҳазор савор дошт; ва ӯ онҳоро дар шаҳрҳои ароба ва назди подшоҳ дар Ерусалим ҷойгир кард.

27 Ва подшоҳ нуқраро дар Ерусалим ба сангҳои кӯча баробар гардонид, ва чӯби арзро ба чӯби ҷумиз, ки дар пастӣ бисьёр мерӯяд, баробар сохт.

28 Ва аспонро барои Сулаймон аз Миср ва аз Қаве меоварданд: тоҷирони подшоҳ онҳоро аз Қаве ба баҳои муайян мехариданд.

29 Ва як ароба аз Миср ба баҳои шашсад сиқл нукра харида ва берун оварда мешуд, ва як асп — ба баҳои саду панҷоҳ сиқл; ва ҳамчунин барои ҳамаи подшоҳони ҳиттиён ва подшоҳони арамиён ба воситаи онҳо меоварданд.

11

БОБИ ЁЗДАҲУМ

Сулаймон Худоро фаромӯш мекунад.

1 Ва подшоҳ Сулаймон, ғайр аз духтари фиръавн, бисьёр занони аҷнабиро аз мӯобиён, аммӯниён, адӯмиён, сидӯниён, ҳиттиён дӯст медошт, —

2 Аз халқҳое ки Худо дар бораи онҳо ба банӣ‐Исроил гуфта буд: «Ба онҳо духтарони худро ба шавҳар надиҳед, ва духтаронашонро ба занӣ нагиред, ки яқинан дили шуморо ба худоёни худ моил хоҳанд кард». Вале Сулаймон ба духтарони онҳо бо муҳаббат часпид.

3 Ва ӯ ҳафтсад зани бону ва сесад суррия дошт; ва занонаш дили ӯро фосид карданд.

4 Ва дар вақти пирии Сулаймон чунин воқеъ шуд, ки занонаш дили ӯро ба худоёни дигар моил карданд, ва дили ӯ, мисли дили падараш Довуд, ба Худованд Худояш амин набуд.

5 Ва Сулаймон Аштора, худои сидӯниён, ва Милкӯм, бути зишти аммӯниёнро пайравӣ намуд.

6 Ва Сулаймон дар назари Худованд кори бад карда, мисли падараш Довуд Худовандро пурра пайравӣ нанамуд.

7 Он гоҳ Сулаймон бар кӯҳе ки рӯ ба рӯи Ерусалим аст, ибодатгоҳе барои Камуш, бути зишти Мӯоб, ва барои Мӯлик, бути зишти банӣ‐Аммӯн, бино кард.

8 Ва ҳамчунин барои ҳамаи занони аҷнабии худ, ки ба худоёнашон бухур месӯзониданд ва қурбонӣ мекарданд, амал намуд.

9 Ва Худованд ба Сулаймон ғазаб кард, аз он сабаб ки дилаш аз Худованд Худои Исроил гаштааст, ки Ӯ ду карат бар вай зохир гардида,

10 Ба вай дар ин хусус амр фармуда буд, ки худоёни дигарро пайравӣ нанамояд; валекин ӯ фармудаи Худовандро риоя накард.

11 Ва Худованд ба Сулаймон гуфт: «Азбаски ту чунин рафтор намудӣ, ва аҳд ва фароизи Маро, ки ба ту амр фармудаам, риоя накардӣ, Ман мамлакатро аз ту пора карда гирифта, онро ба навкари ту хоҳам дод.

12 Аммо дар айёми ту инро ба хотири падарат Довуд ба амал нахоҳам овард, балки аз дасти писарат пора карда хоҳам гирифт.

13 Вале тамоми мамлакатро пора карда нахоҳам гирифт: як сибтро, ба хотири бандаам Довуд ва ба хотири Ерусалим, ки баргузидаам, ба писари ту хоҳам дод».

14 Ва Худованд душманеро ба мукобили Сулаймон бархезонид, яъне Ҳадади адӯмиро, ки аз насли подшоҳи Адӯм буд.

15 Ҳангоме ки Довуд дар Адӯм буд, ва сарлашкараш Юоб барои дафн кардани мақтулон омада, тамоми наринаи Адӯмро кушта буд, —

16 Зеро Юоб ва тамоми Исроил шаш моҳ дар он ҷо истода буданд, то даме ки тамоми наринаи Адӯмро маҳв карданд, —

17 Он гоҳ Ҳадад бо баъзе касони адӯмӣ, ки аз навкарони падараш буданд, гурехта ба Миср омад; ва Ҳадад кӯдаки хурде буд.

18 Онҳо аз Мидьён бархоста, ба Форон омаданд, ва баъзе касонро аз Форон ҳамроҳи худ гирифта, ба Миср назди фиръавн, подшоҳи Миср, омаданд, ки вай ба ӯ хона дод, ва нафақа барояш таъин намуд, ва замине ба ӯ дод.

19 Ва Ҳадад дар назари фиръавн бағоят илтифот пайдо кард, ба тавре ки вай хоҳари зани худро, яъне хоҳари Таҳфаниси маликаро ба ӯ ба занӣ дод.

20 Ва хоҳари Таҳфанис барои ӯ писараш Ҷанубатро зоид, ва Таҳфанис варо андаруни хонаи фиръавн тарбия кард; ва Ҷанубат дар хонаи фиръавн, дар миёни писарони фиръавн буд.

21 Ва Ҳадад дар Миср шунид, ки Довуд бо падарони худ хобидааст, ва сарлашкараш Юоб мурдааст; ва Ҳадад ба фиръавн гуфт: «Маро изн бидеҳ, то ки ба замини худ биравам».

22 Фиръавн ба вай гуфт: «Оё ту назди ман ба чизе эҳтиёҷ дорӣ, ки мехоҳӣ ба замини худ биравӣ?» Вай гуфт: «Не, аммо ба ман изн бидеҳ».

23 Ва Худо душмани дигарро ба муқобили Сулаймон бархезонид, яъне Разӯн ибни Эльёдоъро, ки вай аз пеши оғои худ, Ҳададозар подшоҳи Сӯбо, гурехта буд.

24 Ва баъд аз он ки Довуд онҳоро кушт, вай назди худ одам ҷамъ карда, сардори фавҷе гардид; ва онҳо ба Димишқ рафта, дар он сокин шуданд, ва дар Димишқ салтанат ронданд.

25 Ва дар тамоми айёми Сулаймон вай душмани Исроил буд ва, илова бар зараре ки Ҳадад мерасонид, вай ба зидди Исроил ҷиноят мекард, ва бар Арам салтанат меронд.

Шӯриши Ёробъом.

26 Ва Ёробъом ибни Наботи эфроимӣ, аз Саредо, ки модараш Саруо ном бевазане, ва худаш навкари Сулаймон буд, дасти таҷовуз бар подшоҳ бардошт.

27 Чунин аст достони он ки ӯ дасти таҷовуз бар подшоҳ бардошт: Сулаймон Миллӯро бино карда, рахнаеро, ки дар шаҳри падараш Довуд буд, таъмир менамуд.

28 Ва Ёробъом марди ҷанговари паҳлавоне буд; ва Сулаймон чун дид, ки ин ҷавон аз ӯҳдаи кор мебарояд, ӯро бар тамоми коргарони хонадони Юсуф назоратчӣ таъин намуд.

29 Ва дар он вақт чунин воқеъ шуд, ки Ёробъом аз Ерусалим берун омад, ва Аҳиёи шилӯнии набӣ, ки ҷомаи нав дар бар дошт, дар роҳ бо ӯ вохӯрд, ва ҳар дуяшон дар саҳро танҳо буданд.

30 Ва Аҳиё ҷомаи наверо, ки дар бар дошт, гирифта, онро ба дувоздаҳ қисм пора кард.

31 Ва ба Ёробъом гуфт: «Даҳ қисмашро барои худ бигир, зеро ки Худованд Худои Исроил чунин мегӯяд: „Инак, Ман мамлакатро аз дасти Сулаймон пора карда мегирам, ва даҳ сибтро ба ту медиҳам;

32 Ва як сибт аз они вай хоҳад буд, ба хотири бандаам Довуд ва ба хотири Ерусалим, — шаҳре ки онро аз миёни ҳамаи сибтҳои Исроил баргузидаам;

33 Чунки онҳо Маро тарк карда, ба Аштора, худои сидӯниён, ба Камуш, худои мӯобиён, ва ба Милкӯм, худои банӣ‐Аммӯн, саҷда бурданд, ва бо роҳҳои Ман рафтор накарданд, то он чиро, ки дар назари Ман рост аст, ба ҷо оваранд, ва фароизу аҳкоми Маро мисли падараш Довуд риоя намоянд.

34 Вале тамоми мамлакатро аз дасти вай нахоҳам гирифт, балки ба хотири бандаам Довуд, ки ӯро баргузидам, ва ӯ аҳкому фароизи Маро ба ҷо овард, Ман варо дар тамоми айёми ҳаёташ раис хоҳам кард;

35 Ва салтанатро аз дасти писараш хоҳам гирифт, ва даҳ сибтро ба ту хоҳам дод,

36 Ва ба писараш як сибтро хоҳам дод, то ки барои бандаам Довуд чароғе тамоми айём дар ҳузури Ман дар Ерусалим бошад, — дар шаҳре ки барои Худ баргузидаам, то ки исми Худро дар он ҷойгир созам.

37 Ва туро Ман ихтиёр хоҳам кард, ва ту мувофиқи ҳар орзуе ки дар дилат бошад, салтанат хоҳӣ ронд, ва бар Исроил подшоҳ хоҳӣ шуд.

38 Ва агар ту ба ҳар фармудаи Ман гӯш диҳӣ, ва бо роҳҳои Ман рафтор карда, он чиро, ки дар назари Ман рост аст, ба амал оварӣ, ва фароизу аҳкоми Маро риоя намоӣ, чунон ки бандаам Довуд амал мекард, он гоҳ Ман бо ту хоҳам буд, ва хонаи мустаҳкаме барои ту бино хоҳам кард, чунон ки барои Довуд бино кардам, ва Исроилро ба ту хоҳам дод.

39 Ва насли Довудро ба ин сабаб ба залолат дучор хоҳам кард, аммо на ба сурати абадӣ“».

40 Ва Сулаймон мехост Ёробъомро ба қатл расонад, вале Ёробъом бархоста, ба Миср назди Шишак, подшоҳи Миср, гурехт, ва то фавти Сулаймон дар Миср буд.

Фавти Сулаймон.

41 Ва бақияи аъмоли Сулаймон, ва ҳар чи ӯ кард, ва ҳикмати ӯ дар китоби вақоеъномаи Сулаймон навишта шудааст.

42 Ва айёме ки Сулаймон дар Ерусалим бар тамоми Исроил подшоҳӣ кард, чил сол буд.

43 Ва Сулаймон бо падарони худ ҳобид, ва дар шаҳри падараш Довуд дафн карда шуд; ва писараш Раҳабъом ба ҷои ӯ подшоҳ шуд.

12

БОБИ ДУВОЗДАҲУМ

Подшоҳии Раҳабъом.

1 Ва Раҳабъом ба Шакем рафт, зеро ки тамоми Исроил ба Шакем омаданд, то ки ӯро подшоҳ кунанд.

2 Ва ҳангоме ки Ёробъом ибни Набот инро шунид, ӯ ҳанӯз дар Миср буд, ки ба он ҷо аз пеши подшоҳ Сулаймон гурехта буд; ва Ёробъом дар Миср сукунат дошт.

3 Ва фиристода, ӯро хонданд; ва Ёробъом ва тамоми ҷамоати Исроил омаданд, ва ба Раҳабъом сухан ронда, гуфтанд:

4 «Падарат юғи моро гарон карда буд, вале ту алҳол хизмати сахти падарат ва юғи гарони варо, ки бар мо ниҳода буд, сабук гардон, ва мо хизмати туро ба ҷо хоҳем овард».

5 Ба онҳо гуфт: «Биравед ва баъд аз се рӯз назди ман биёед». Ва қавм рафтанд.

6 Ва подшоҳ Раҳабъом ба пироне ки ба ҳузури падараш Сулаймон, дар вақти зинда будани вай, меистоданд, машварат пурсида, гуфт: «Шумо чӣ маслиҳат медиҳед, то ки ба ин қавм ҷавоб гардонам?»

7 Ва онҳо ба ӯ сухан ронда, гуфтанд: «Агар ту имрӯз хизматгори ин қавм гардӣ, ва хизмати онҳоро ба ҷо оварӣ, ва бо ҷавобат онҳоро қонеъ гардонӣ, ва ба онҳо суханони нек гӯӣ, онҳо тамоми айём бандагони ту хоҳанд буд».

8 Вале ӯ машваратеро, ки пирон ба ӯ доданд, рад намуд, ва аз ҷавононе ки бо ӯ калон шуда буданд ва ба ҳузураш меистоданд, машварат пурсид,

9 Ва ба онҳо гуфт: «Шумо чӣ маслиҳат медиҳед, то ки ба ин қавм чавоб гардонам, ки онҳо ба ман сухан ронда, гуфтаанд: „Юғеро, ки падарат бар мо ниҳода буд, сабук гардон“?»

10 Ва он ҷавонон, ки бо ӯ калон шуда буданд, ба ӯ сухан ронда, гуфтанд: «Ба ин қавм, ки ба ту сухан ронда, гуфтаанд: „Падарат юғи моро гарон карда буд, вале ту онро барои мо сабук гардон“, — ту ба онҳо чунин бигӯ: „Ангушти хурди ман аз камари падарам ғафстар аст;

11 Ва алҳол, падарам юғи гароне бар шумо ниҳода буд, вале ман юғи шуморо боз ҳам гаронтар хоҳам кард; падарам шуморо бо тозиёнаҳо ҷазо медод, вале ман шуморо бо нешҳои каждум ҷазо хоҳам дод“».

12 Ва Ёробъом ва тамоми қавм дар рӯзи сеюм назди Раҳабъом омаданд, чунон ки подшоҳ сухан ронда, гуфта буд: «Дар рӯзи сеюм назди ман биёед».

13 Ва подшоҳ ба қавм ҷавоби сахт гардонид, ва машваратеро, ки пирон ба ӯ дода буданд, рад кард,

14 Ва бар тибқи машварати ҷавонон ба онҳо гуфт: «Падарам юғи шуморо гарон карда буд, вале ман юғи шуморо боз ҳам гаронтар хоҳам кард; падарам шуморо бо тозиёнаҳо ҷазо медод, вале ман шуморо бо нешҳои каждум ҷазо хоҳам дод».

15 Ва подшоҳ ба қавм гӯш надод, зеро ки ин аз ҷониби Худованд насиб шуда буд, то каломеро, ки Худованд ба воситаи Аҳиёи шилӯнӣ ба Ёробъом ибни Набот гуфта буд, ба амал оварад.

Ду тақсим шудани мамлакат. Ёробъом бар Исроил подшоҳ мегардад.

16 Ва тамоми Исроил диданд, ки подшоҳ ба онҳо гӯш надод; ва қавм ба подшоҳ чавоб гардонида, гуфтанд:

«На ҳиссаест моро дар Довуд,

ва на меросе дар писари Йисой!

Эй Исроил, ба хаймаҳои худ биравед!

Эй Довуд, акнун хонаи худро бидон!»

Ва Исроил ба хаймаҳои худ рафтанд.

17 Вале бар он банӣ‐Исроил, ки дар шаҳрҳои Яҳудо сукунат доштанд, Раҳабъом подшоҳӣ мекард.

18 Ва подшоҳ Раҳабъом Адӯромро, ки сардори боҷу хироҷ буд, фиристод, вале тамоми Исроил ӯро сангборон карданд, ва ӯ мурд; ва подшоҳ Раҳабъом шитобон ба ароба савор шуд, то ки ба Ерусалим бигрезад.

19 Ва Исроил ба зидди хонадони Довуд балво карданд, ки то имрӯз давом дорад.

20 Ва чун тамоми Исроил шуниданд, ки Ёробъом баргаштааст, фиристода ӯро назди ҷамоат хонданд, ва ӯро бар тамоми Исроил подшоҳ карданд; хонадони Довудро ҳеҷ кас, ғайр аз сибти Яҳудо, тарафдорӣ накард.

21 Ва Раҳабъом ба Ерусалим омада, аз тамоми хонадони Яҳудо ва аз сибти Биньёмин саду ҳаштод ҳазор нафар ҷанговарони гузинро ҷамъ овард, то ки бо хонадони Исроил ҷанг карда, салтанатро ба Раҳабъом ибни Сулаймон баргардонад.

22 Ва каломи Худо бар Шамаъё, марди Худо, нозил шуда, гуфт:

23 «Ба Раҳабъом ибни Сулаймон, подшоҳи Яҳудо, ва ба тамоми хонадони Яҳудо ва Биньёмин ва ба бақияи қавм сухан ронда, бигуй:

24 Худованд чунин мегӯяд: „Набароед ва бо бародарони худ, банӣ‐Исроил, ҷанг накунед! Ҳар яке ба хонаи худ баргардед, зеро ки ин аз ҷониби Ман шудааст“». Ва онҳо ба каломи Худованд гӯш доданд, ва бар тибқи каломи Худованд гашта рафтанд.

Ёробъом ба бутпарастӣ дода мешавад.

25 Ва Ёробъом Шакемро дар кӯҳи Эфроим бино карда, дар он сокин шуд; ва аз он ҷо баромада, Фануилро бино кард.

26 Ва Ёробъом дар дили худ гуфт: «Алҳол салтанат ба хонадони Довуд хоҳад баргашт;

27 Агар ин қавм ба Ерусалим бираванд, то ки дар хонаи Худованд қурбонӣ кунанд, он гоҳ дили ин қавм ба оғои онҳо, ба Раҳабъом, подшоҳи Яҳудо, руҷӯъ хоҳад намуд, ва онҳо маро кушта, ба Раҳабъом, подшоҳи Яҳудо, хоҳанд баргашт».

28 Ва подшоҳ машварат намуда, ду гӯсолаи тилло сохт. Ва ба онҳо гуфт: «Ба Ерусалим рафтанатон бас аст! Инак худоёни шумо, эй Исроил, ки шуморо аз замини Миср берун овардаанд».

29 Ва якеро дар Байт‐Ил гузошт, ва дигареро дар Дон ҷой дод.

30 Ва ин боиси гуноҳ гардид, ва қавм пеши яке аз онҳо то Дон мерафтанд.

31 Ва ибодатхонаҳо бар баландиҳо сохт, ва аз ҳар табақаи қавм, ки аз банӣ‐Левӣ набуданд, коҳинонро таъин намуд.

32 Ва Ёробъом иде дар моҳи ҳаштум, дар рӯзи понздаҳуми моҳ, монанди иде ки дар Яҳудо буд, муқаррар намуд, ва назди он қурбонгоҳ рафт, — дар Байт‐Ил ҳамин тавр амал кард, — то барои гӯсолаҳое ки сохта буд, қурбонӣ кунад; ва дар Байт‐Ил коҳинони ибодатгоҳеро, ки сохта буд, таъин намуд;

33 Ва дар рӯзи понздаҳуми моҳи ҳаштум, — моҳе ки аз хаёли худ бофта бароварда буд, — назди қурбонгоҳе ки дар Байт‐Ил сохта буд, рафт; ва иде барои банӣ‐Исроил барпо намуд, ва назди қурбонгоҳ омад, то ки бухур бисӯзонад.

13

БОБИ СЕЗДАҲУМ

Набие аз Яҳудо бутпарастиро мазаммат намуда,

Ёробъомро сарзаниш мекунад.

1 Ва инак, марди Худо бар тибқи каломи Худованд аз Яҳудо ба Байт‐Ил омад, ва Ёробъом назди қурбонгоҳ истода буд, то ки бухур бисӯзонад.

2 Ва бар тибқи каломи Худованд вай ба қурбонгоҳ муроҷиат намуда, гуфт: «Эй қурбонгоҳ, қурбонгоҳ! Худованд чунин мегӯяд: „Инак, писаре дар хонадони Довуд таваллуд меёбад, ки Йӯшиёҳу ном дорад; ва ӯ коҳинони баландиҳоро, ки бар ту бухур месӯзонанд, бар ту забҳ хоҳад кард, ва устухонҳои одамро бар ту хоҳанд сӯзонид“».

3 Ва дар он рӯз вай аломате нишон дода, гуфт: «Ин аст аломати он ки инро Худованд гуфтааст: „Инак, ин қурбонгоҳ аз ҳам ҷудо шуда, хокистаре ки бар он аст, пошида хоҳад шуд“».

4 Ва ҳангоме ки подшоҳ сухани марди Худоро шунид, ки вай ба қурбонгоҳи Байт‐Ил муроҷиат намуда мегуфт, Ёробъом дасти худро аз болои қурбонгоҳ дароз карда, гуфт: «Варо дастгир кунед!» Ва дасти ӯ, ки сӯи вай дароз карда буд, хушк шуд, ва ӯ натавонист онро ба тарафи худ баргардонад.

5 Ва қурбонгоҳ аз ҳам чудо шуда, хокистар аз болои қурбонгоҳ пошида шуд, ҳамчун аломате ки марди Худо бар тибқи каломи Худованд нишон дода буд.

6 Ва подшоҳ ба марди Худо сухан ронда, гуфт: «Лутфан, пеши Худованд Худои худ тазаррӯъ намо ва барои ман дуо гӯй, то ки дасти ман ба тарафи ман баргардад». Ва марди Худо пеши Худованд тазаррӯъ намуд, ва дасти подшоҳ ба тарафи вай баргашт ва мисли пештара шуд.

7 Ва подшоҳ ба марди Худо гуфт: «Бо ман ба хона биё ва хӯроке бихӯр, ва ман ба ту инъом хоҳам дод».

8 Валекин марди Худо ба подшоҳ гуфт: «Агар ту нисфи хонаи худро ба ман бидиҳӣ, бо ту нахоҳам рафт, ва дар ин макон на нон хоҳам хӯрд, ва на об хоҳам нӯшид.

9 Зеро ки ба ман бар тибқи каломи Худованд чунин амр фармуда ва гуфта шудааст: „Нон нахӯр, ва об нанӯш, ва бо роҳе ки омадаӣ, барнагард“».

10 Ва ӯ бо роҳи дигаре рафт, ва бо роҳе ки ба Байт‐Ил омада буд, барнагашт.

Беитоатӣ ва фавти марди Худо.

11 Ва набии пиронсоле дар Байт‐Ил сокин буд; ва писаронаш омада, ҳар кореро, ки марди Худо он рӯз дар Байт‐Ил карда буд, ба ӯ ҳикоят намуданд, ва суханонеро, ки вай ба подшоҳ гуфта буд, ба падари худ нақл карданд.

12 Ва падарашон ба онҳо гуфт: «Бо кадом роҳ вай рафт?» Ва писаронаш дида буданд, ки он марди Худо, ки аз Яҳудо омада буд, бо кадом роҳ рафт.

13 Ва ӯ ба писаронаш гуфт: «Барои ман харро зин кунед». Ва онҳо барои ӯ харро зин карданд, ва ӯ бар он савор шуд;

14 Ва аз паи марди Худо рафта, варо зери дарахти писта нишаста ёфт, ва ба вай гуфт: «Оё ту он марди Худо ҳастӣ, ки аз Яҳудо омадаӣ?» Вай гуфт: «Ман ҳастам».

15 Ва ба вай гуфт: «Бо ман ба хона биё, ва нон бихӯр».

16 Вале вай гуфт: «Ман наметавонам бо ту баргардам ва назди ту биравам; ва дар ин макон бо ту нон нахоҳам хӯрд, ва об нахоҳам нӯшид;

17 Зеро ки ба ман бар тибқи каломи Худованд гуфта шудааст: „Дар он ҷо нон нахӯр, ва об нанӯш, ва бо роҳе ки омадаӣ, барнагард“».

18 Ва ӯ ба вай гуфт: «Ман низ набие мисли ту ҳастам, ва фариштае бар тибқи каломи Худованд ба ман сухан ронда, гуфт: „Варо бо худ ба хонаат баргардон, то ки вай нон бихӯрад ва об бинӯшад“». Аммо ӯ ба вай дурӯғ гуфт.

19 Вай бо ӯ баргашта, дар хонаи ӯ нон хӯрд, ва об нӯшид.

20 Ва ҳангоме ки онҳо назди миз нишаста буданд, каломи Худованд бар набие ки варо баргардонида буд, нозил шуд,

21 Ва ӯ ба марди Худо, ки аз Яҳудо омада буд, муроҷиат намуда, гуфт: «Худованд чунин мегӯяд: „Азбаски аз иҷрои каломи Худованд сар тофтӣ, ва амреро, ки Худованд Худои ту ба ту фармуда буд, риоя нанамудӣ,

22 Балки баргашта, дар маконе ки дар бораи он Ӯ ба ту гуфта буд: «Нон нахӯр ва об нанӯш», ту нон хӯрдӣ ва об нӯшидӣ, бинобар ин ҷасади ту ба мақбараи падаронат дохил нахоҳад шуд“».

23 Ва баъд аз он ки вай нон хӯрд ва об нӯшид, харро барои вай зин кард, яъне барои набие ки баргардонида буд.

24 Ва ҳангоме ки вай рафт, шере варо дар роҳ ёфта, кушт; ва ҷасади вай дар сари роҳ партофта шуда буд, ва хар назди он меистод, ва шер назди ҷасад меистод.

25 Ва инак, одамоне ки мегузаштанд, диданд, ки ҷасаде дар сари роҳ партофта шудааст, ва шере назди ҷасад истодааст; ва онҳо омада, дар шаҳре ки набии пиронсол дар он сокин буд, ҳикоят карданд.

26 Ва набие ки варо аз роҳ баргардонида буд, инро шунида, гуфт: «Ин ҳамон марди Худост, ки аз иҷрои каломи Худо сар тофт, ва Худованд варо ба шер супурдааст, ва он варо бар тибқи каломи Худованд, ки ба ӯ гуфта буд, куштааст».

27 Ва ӯ ба писаронаш сухан ронда, гуфт: «Барои ман харро зин кунед». Ва онҳо онро зин карданд.

28 Ва ӯ рафта, ҷасади варо ёфт, ки дар сари роҳ партофта шуда буд, ва хар ва шер назди часад меистоданд; шер ҷасадро нахӯрда буд, ва харро надарида буд.

29 Ва набӣ ҷасади марди Худоро бардошта болои хар гузошт ва гардонида бурд; ва набии пиронсол ба шаҳр омад, то ки мотам гирифта, варо дафн кунад.

30 Ва ӯ ҷасади варо дар мақбараи худ гузошт; ва барои вай мотам гирифта, гуфтанд: «Эй вой бародарам!»

31 Ва баъд аз он ки варо дафн кард, ба писаронаш сухан ронда, гуфт: «Вақте ки бимирам, маро дар мақбарае ки марди Худо дар он дафн шудааст, дафн кунед, устухонҳоямро назди устухонҳои вай бимонед;

32 Зеро сухане ки вай дар бораи қурбонгоҳи Байт‐Ил ва дар бораи ҳамаи баландиҳои шаҳрҳои Сомария бар тибқи каломи Худованд гуфта буд, ҳатман ба амал хоҳад омад».

Ёробъом ба шарорати худ исрор менамояд.

33 Баъд аз ин воқеа Ёробъом аз роҳи бади худ нагашт, балки аз ҳар табақаи қавм коҳинони баландиҳоро таъин кардан гирифт: ҳар кӣ мехост, варо ӯ таъин менамуд, то ки аз ҷумлаи коҳинони баландиҳо гардад.

34 Ин боиси гуноҳкор шудани хонадони Ёробъом гардид, то ки он аз рӯи замин несту нобуд шавад.

14

БОБИ ЧОРДАҲУМ

Иҷрои ҷузъии нубувват оид ба Ёробъом.

1 Дар он замон Абиё, писари Ёробъом, бемор шуд.

2 Ва Ёробъом ба зани худ гуфт: «Лутфан, бархоста, намуди худро дигаргун соз, то надонанд, ки ту зани Ёробъом ҳастӣ, ва ба Шилӯ бирав; инак, Аҳиёи набӣ дар он ҷост, ки ӯ дар бораи ман гуфта буд, ки бар ин қавм подшоҳ хоҳам шуд.

3 Ва дар дасти худ даҳто нон, ва кулчаҳо, ва кӯзаи асал гирифта, назди ӯ бирав; ӯ ба ту хоҳад гуфт, ки ҳоли кӯдак чӣ мешавад».

4 Ва зани Ёробъом ҳамин тавр амал кард, ва бархоста, ба Шилӯ рафт, ва ба хонаи Аҳиё омад; вале Аҳиё наметавонист бубинад, зеро ки чашмонаш аз пирӣ нобино шуда буд.

5 Ва Худованд ба Аҳиё гуфт: «Инак, зани Ёробъом меояд, то дар бораи писараш, ки бемор аст, чизе аз ту бипурсад; ба вай чунин ва чунин бигӯ; ва ҳангоме ки вай меояд, худро ношинос вонамуд хоҳад кард».

6 Ва чун Аҳиё садои пойҳои варо, ки ба дар дохил мешуд, шунид, гуфт: «Эй зани Ёробъом, дохил шав! Чаро ту худро ношинос вонамуд мекунӣ? Ман бо сухани сахт назди ту фиристода шудаам;

7 Рафта, ба Ёробъом бигӯ: „Худованд Худои Исроил чунин мегӯяд: азбаски Ман туро аз миёни қавм сарафроз кардам, ва гуро бар қавми Худ Исроил раис таъин намудам,

8 Ва мамлакатро аз хонадони Довуд пора карда гирифтам, ва онро ба ту додам, вале ту мисли бандаам Довуд набудӣ, ки вай аҳкоми Маро риоя мекард ва бо тамоми дили худ Маро пайравӣ намуда, фақат он чиро, ки дар назари Ман рост аст, ба амал меовард;

9 Ва ту аз ҳамаи онҳое ки пеш аз ту буданд, бадтар рафтор кардӣ, ва рафта, худоёни дигар ва бутҳои рехтае барои худ сохтӣ, то ки Маро ба ғазаб оварӣ; ва Маро ту аз худ дур андохтӣ, —

10 Бинобар ин, инак Ман бар хонадони Ёробъом фалокат меоварам, ва аз Ёробъом ҳар нарина ва ҳар бандӣ ва озодро, ки дар Исроил бошанд, маҳв менамоям, ва хонадони Ёробъомро тамоман нест мекунам, чунон ки наҷосатро то ба охир нест мекунанд;

11 Ҳар кӣ аз Ёробъом дар шахр бимирад, варо сагон хоҳанд хӯрд, ва ҳар кӣ дар саҳро бимирад, варо мурғони ҳаво хоҳанд хӯрд, зеро ки Худованд чунин гуфтааст“.

12 Ва ту бархоста, ба хонаи худ бирав; пойҳоят ба шаҳр расидан замон кӯдак хоҳад мурд;

13 Ва тамоми Исроил барои вай навҳа намуда, варо дафн хоҳанд кард, зеро ки танҳо вай аз Ёробъом ба мақбара дохил хоҳад шуд, чунки дар вай аз хонадони Ёробъом чизи хубе нисбат ба Худованд Худои Исроил ёфт шудааст;

14 Ва Худованд барои Худ подшоҳе бар Исроил таъин хоҳад намуд, ки вай хонадони Ёробъомро худи имрӯз маҳв хоҳад кард, ва низ баъд аз ин;

15 Ва Худованд Исроилро зарба хоҳад зад, ва онҳо мисли нае ки дар об мекалавад, хоҳанд буд; ва Исроилро аз ин замини хубе ки ба падаронашон дода буд, решакан хоҳад кард, ва онҳоро ба он тарафи наҳр пароканда хоҳад намуд, чунки онҳо барои худ бутҳои Ашера сохта, Худовандро ба ғазаб оварданд;

16 Ва Исроилро таслим хоҳад намуд, ба сабаби гуноҳҳои Ёробъом, ки вай худаш гуноҳ кард, ва Исроилро гирифтори гуноҳ гардонид».

17 Ва зани Ёробъом бархоста, равона шуд ва ба Тирсо омад; ҳамин ки вай ба остонаи хона расид, бача мурд.

18 Ва ӯро дафн карданд, ва барои ӯ тамоми Исроил навҳа намуданд, бар тибқи каломи Худованд, ки ба воситаи бандаи Худ Аҳиёи набӣ гуфта буд.

Фавти Ёробъом.

19 Ва бақияи аъмоли Ёробъом — чӣ гуна ҷанг карданаш ва чӣ гуна салтанат ронданаш, — дар китоби вақоеъномаи подшоҳони Исроил навишта шудааст.

20 Ва айёме ки Ёробъом подшоҳӣ кард, бисту ду сол буд; ва ӯ бо падарони худ хобид, ва писараш Нодоб ба ҷои ӯ подшоҳ шуд.

Яҳудо дар замони Раҳабъом аз парастиши Худо дур шуд.

21 Ва Раҳабъом ибни Сулаймон дар Яҳудо подшоҳӣ мекард; дар вақти подшоҳ шуданаш Раҳабъом чилу яксола буд, ва ҳафдаҳ сол дар Ерусалим подшоҳӣ кард, — дар шаҳре ки Худованд аз ҳамаи сибтҳои Исроил баргузидааст, то ки исми Худро дар он ҷойгир созад. Ва номи модари ӯ Наамои аммӯнӣ буд.

22 Ва аҳли Яҳудо он чиро, ки дар назари Худованд бад буд, ба амал оварданд, ва бо гуноҳҳое ки карданд, бештар аз ҳар чи падаронашон карда буданд, Ӯро ба ғазаб оварданд.

23 Ва онҳо низ барои худ бар ҳар тали баланд ва зери ҳар дарахти сабз ибодатгоҳҳо ва сутунҳо ва Ашераҳо бино карданд.

24 Ва ливотагарон низ дар ин кишвар буданд: онҳо ҳамаи корҳои зишти халқҳоеро, ки Худованд аз пеши банӣ‐Исроил бадар ронда буд, ба ҷо меоварданд.

25 Ва дар соли панҷуми подшоҳии Раҳабъом чунин воқеъ шуд, ки Шишак, подшоҳи Миср, ба муқобили Ерусалим баромад;

26 Ва ганҷҳои хонаи Худованд, ва ганҷҳои хонаи подшоҳро гирифт, — хама чизро гирифт; ва ҳамаи сипарҳои тиллоро, ки Сулаймон сохта буд, гирифт.

27 Ва подшоҳ Раҳабъом ба ҷои онҳо сипарҳои мисин сохта, ба дасти сардорони шотироне ки дари хонаи подшоҳро нигаҳбонӣ мекарданд, супурд.

28 Ва ҳар бор, ки подшоҳ ба хонаи Худованд мерафт, шотирон онҳоро мебардоштанд, ва баъд онҳоро ба ҳуҷраи шотирон бармегардониданд.

29 Ва бақияи аъмоли Раҳабъом ва ҳар чи ӯ кардааст, дар китоби вақоеъномаи подшоҳони Яҳудо навишта шудааст.

30 Ва дар миёни Раҳабъом ва Ёробъом ҳама вақт ҷанг бурда мешуд.

Фавти Раҳабъом.

31 Ва Раҳабъом бо падарони худ хобид, ва бо падарони худ дар шаҳри Довуд дафн карда шуд. Ва номи модараш Наамои аммӯнӣ буд. Ва писараш Абиём ба ҷои ӯ подшоҳ шуд.

15

БОБИ ПОНЗДАҲУМ

Подшоҳии Абиём.

1 Ва дар соли ҳаждаҳуми подшоҳии Ёробъом ибни Набот Абиём бар Яҳудо подшоҳ шуд.

2 Се сол ӯ дар Ерусалим подшоҳӣ кард; ва номи модараш Маако бинти Абишолӯм буд.

3 Ва дар ҳамаи гуноҳҳое ки падараш пеш аз ӯ карда буд, рафтор менамуд; ва дилаш ба Худованд Худояш, мисли дили падараш Довуд, амин набуд.

4 Аммо Худованд Худояш ба хотири Довуд ба ӯ чароғе дар Ерусалим дод, то ки писарашро баъд аз ӯ таъин намояд ва Ерусалимро устувор гардонад;

5 Чунки Довуд он чиро, ки дар назари Худованд рост буд, ба амал меовард, ва аз ҳар чи Ӯ ба вай амр фармуда буд, тамоми айёми умри худ дур нашудааст, ба ғайр аз рафторе ки нисбат ба Уриёи ҳиттӣ карда буд.

6 Ва дар миёни Раҳабъом ва Ёробъом тамоми айёми умраш ҷанг буд.

7 Ва бакияи аъмоли Абиём ва ҳар чи ӯ кардааст, дар китоби вақоеъномаи подшоҳони Яҳудо навишта шудааст. Ва дар миёни Абиём ва Ёробъом ҷанг буд.

Фавти Абиём ва подшоҳ шудани Осо.

8 Ва Абиём бо падарони худ хобид, ва ӯро дар шаҳри Довуд дафн карданд. Ва писараш Осо ба ҷои ӯ подшоҳ шуд.

9 Ва дар соли бистуми Ёробъом, подшоҳи Исроил, Осо бар Яҳудо подшоҳ шуд.

10 Ва ӯ чилу як сол дар Ерусалим подшоҳӣ кард. Ва номи модараш Маако бинти Абишолӯм буд.

11 Ва Осо он чиро, ки дар назари Худованд рост буд, мисли падараш Довуд ба амал меовард.

12 Ва ливотагаронро аз мамлакат бадар ронд, ва ҳамаи бутҳоеро, ки падаронаш сохта буданд, дур кард.

13 Ва модари худ Маакоро низ аз унвони малика маҳрум сохт, чунки вай бути зишти Ашераро сохта буд; ва бути зишти варо шикаста, назди наҳри Қидрӯн сӯзонид.

14 Вале баландиҳо маҳв карда нашуд. Аммо дили Осо тамоми айёми ӯ ба Худованд амин буд.

15 Ва чизҳоеро, ки падараш вақф карда буд, ва чизҳоеро, ки худаш вақф карда буд, яъне нуқра ва тилло ва зарфҳоро ба хонаи Худованд даровард.

Ҷанг бо Баъшо; аҳд бо Арам.

16 Ва дар миёни Осо ва Баъшо, подшоҳи Исроил, тамоми айёми онҳо ҷанг буд.

17 Ва Баъшо, подшоҳи Исроил, ба муқобили Яҳудо баромада, Роморо бино кард, то ки касе натавонад назди Осо, подшоҳи Яҳудо, рафтуомад кунад.

18 Ва Осо тамоми нуқра ва тиллоеро, ки дар хазоини хонаи Худованд ва хазоини хонаи подшоҳ боқӣ монда буд, гирифта, ба дасти навкаронаш дод, ва онҳоро подшоҳ Осо назди Бин‐Ҳадад ибни Табриммӯн ибни Ҳезйӯн, подшоҳи Арам, ки дар Димишқ сокин буд, фиристода, гуфт:

19 «Дар миёни ман ва ту аҳде бошад, чунон ки дар миёни падари ман ва падари ту аҳд буд; инак, ба ту инъоме аз нуқра ва тилло фиристодам; пас, аҳдеро, ки бо Баъшо, подшоҳи Исроил, бастаӣ, бишкан, то ки вай аз ман дур шавад».

20 Ва Бин‐Ҳадад ба подшоҳ Осо гӯш дода, сипаҳдорони худро ба муқобили шаҳрҳои Исроил фиристод, ва Ийюн ва Дон ва Обил‐Байт‐Маако ва тамоми Кинрӯтро дар тамоми замини Нафтолӣ шикаст дод.

21 Ва ҳамин ки Баъшо инро шунид, аз бино кардани Ромо даст кашида, дар Тирсо сокин шуд.

22 Ва подшоҳ Осо тамоми аҳли Яҳудоро, бидуни истисно, даъват намуд, ва онҳо сангҳои Ромо ва чӯбҳояшро, ки Баъшо бо онҳо бино карда буд, бардошта бароварданд; ва подшоҳ Осо Ҷабъи Биньёмин ва Мисфоро бо онҳо бино намуд.

Беморӣ ва фавти Осо. Подшоҳ шудани Еҳӯшофот.

23 Ва бақияи тамоми аъмоли Осо ва тамоми корнамоии ӯ ва ҳар чи ӯ кардааст, ва шаҳрҳое ки ӯ бино намудааст, дар китоби вақоеъномаи подшоҳони Яҳудо навишта шудааст; аммо дар замони пирияш ӯ дарди по шуда буд.

24 Ва Осо бо падарони худ хобид, ва бо падарони худ дар шаҳри падараш Довуд дафн карда шуд; ва писараш Еҳӯшофот ба ҷои ӯ подшоҳ шуд.

Подшоҳ шудани Нодоб бар Исроил.

25 Ва дар соли дуюми Осо, подшоҳи Яҳудо, Нодоб ибни Ёробъом бар Исроил подшоҳ шуд, ва ду сол бар Исроил подшоҳӣ кард.

26 Ва он чиро, ки дар назари Худованд бад буд, ӯ ба амал меовард, ва бо роҳи падари худ ва дар гуноҳи вай, ки Исроилро гирифтори гуноҳ гардонида буд, рафтор менамуд.

Баъшо бар Исроил подшоҳ мешавад.

27 Ва Баъшо ибни Аҳиё, ки аз хонадони Иссокор буд, ба муқобили ӯ суиқасд намуд, ва Баъшо ӯро дар Ҷибтӯн, ки дар дасти фалиштиён буд, зарба зад, вақте ки Нодоб ва тамоми Исроил Ҷибтӯнро муҳосира карда буданд.

28 Ва Баъшо ӯро дар соли сеюми Осо, подшоҳи Яҳудо, кушта, ба ҷои ӯ подшоҳ шуд.

29 Ва ҳангоме ки вай подшоҳ шуд, тамоми хонадони Ёробъомро кушт, як нафар ҳам аз насли Ёробъом боқӣ нагузошт, то ба дараҷае ки саросар онҳоро маҳв намуд, бар тибқи каломи Худованд, ки ба воситаи бандаи худ Аҳиёи шилӯнӣ гуфта буд, —

30 Аз боиси гуноҳҳои Ёробъом, ки худаш гуноҳ карда ва Исроилро гирифтори гуноҳ гардонида, Худованд Худои Исроилро бо ин маъсияти худ ба ғазаб оварда буд.

31 Ва бақияи аъмоли Нодоб, ва ҳар чи ӯ кардааст, дар китоби вақоеъномаи подшоҳони Исроил навишта шудааст.

32 Ва дар миёни Осо ва Баъшо, подшоҳи Исроил, тамоми айёми онҳо ҷанг буд.

33 Дар соли сеюми Осо, подшоҳи Яҳудо, Баъшо ибни Аҳиё бар тамоми Исроил дар Тирсо подшоҳ шуда, бисту чор сол салтанат ронд.

34 Ва он чиро, ки дар назари Худованд бад буд, ба амал овард, ва бо роҳи Ёробъом ва дар гуноҳҳое ки вай Исроилро гирифтори гуноҳ гардонида буд, рафтор намуд.

16

БОБИ ШОНЗДАҲУМ

Нубувват дар бораи Баъшо ва фавти ӯ.

1 Ва каломи Худованд бар Еҳу ибни Ҳанонӣ дар бораи Баъшо нозил шуда, гуфт:

2 «Азбаски Ман туро аз хок баланд бардоштам, ва туро бар қавми Худ Исроил раис таъин намудам, вале ту бо роҳи Ёробъом рафтор кардӣ, ва қавми Ман Исроилро гирифтори гуноҳ гардондӣ, ба тавре ки онҳо Маро бо гуноҳҳои худ ба ғазаб оварданд, —

3 Инак, Ман Баъшо ва хонадони ӯро маҳв менамоям, ва хонадони туро мисли хонадони Ёробъом ибни Набот хоҳам гардонид.

4 Касе ки аз насли Баъшо дар шаҳр бимирад, варо сагон хоҳанд хӯрд; ва касе ки аз насли ӯ дар саҳро бимирад, варо мурғони ҳаво хоҳанд хӯрд».

5 Ва бақияи аъмоли Баъшо, ва ҳар чи ӯ кардааст, ва корнамоии ӯ дар китоби вақоеъномаи подшоҳони Исроил навишта шудааст.

6 Ва Баъшо бо падарони худ хобид, ва дар Тирсо дафн карда шуд. Ва писараш Эло ба ҷои ӯ подшоҳ шуд.

7 Ва низ ба воситаи Еҳу ибни Ҳанонии набӣ каломи Худованд дар бораи Баъшо ва хонадони вай нозил шуд, — ҳам аз боиси тамоми шарорате ки вай дар пеши назари Худованд ба амал оварда, Худовандро ба ғазаб оварда буд, ба дараҷае ки монанди хонадони Ёробъом гардида буд, ва ҳам аз боиси он ки ӯро кушта буд.

Подшоҳии Эло.

8 Дар соли бисту шашуми Осо, подшоҳи Яҳудо, Эло ибни Баъшо бар Исроил дар Тирсо подшоҳ шуда, ду сол салтанат ронд.

9 Ва навкари ӯ Зимрӣ, ки сардори нисфи аробаҳо буд, ба муқобили ӯ суиқасд намуд. Вақте ки ӯ дар Тирсо, дар хонаи Арсо, ки нозири дарбори ӯ дар Тирсо буд, нӯшида маст шуд,

10 Зимрӣ омада, ӯро дар соли бисту ҳафтуми Осо, подшоҳи Яҳудо, зарба зада кушт, ва ба ҷои ӯ подшоҳ шуд.

Подшоҳии Зимрӣ.

11 Ва ҳангоме ки вай подшоҳ шуда, бар тахти ӯ нишаст, тамоми хонадони Баъшоро кушт, ба тавре ки як нарина ҳам аз насли ӯ ва аз хешовандон ва ёрони ӯ боқӣ нагузошт.

12 Ва Зимрӣ тамоми хонадони Баъшоро, бар тибқи каломе ки Худованд дар бораи Баъшо ба воситаи Еҳуи набӣ гуфта буд, маҳв намуд,

13 Аз боиси ҳамаи гуноҳҳои Баъшо ва гуноҳҳои писараш Эло, ки худашон гуноҳ карда ва Исроилро гирифтори гуноҳ гардонида, Худованд Худои Исроилро бо бутҳои худ ба ғазаб оварда буданд.

14 Ва бақияи аъмоли Эло, ва ҳар чи ӯ кардааст, дар китоби вақоеъномаи подшоҳони Исроил навишта шудааст.

15 Дар соли бисту ҳафтуми Осо, подшоҳи Яҳудо, Зимрӣ дар Тирсо ҳафт рӯз подшоҳӣ кард, дар сурате ки қавм назди Ҷибтӯн, ки дар дасти фалиштиён буд, ӯрду зада буданд.

16 Ва қавме ки дар ӯрдугоҳ буданд, шуниданд, ки Зимрӣ суиқасд намудааст ва подшоҳро низ куштааст; он гоҳ тамоми Исроил Омриро, ки сарлашкар буд, дар он рӯз дар ӯрдугоҳ бар Исроил подшоҳ карданд.

17 Ва Омрӣ, ва тамоми Исроил бо ӯ, аз Ҷибтӯн баромада, Тирсоро муҳосира карданд.

18 Ва чун Зимрӣ дид, ки шаҳр забт карда шуд, ба ҳуҷраи дохилии хонаи подшоҳ даромада, хонаи подшоҳро бар сари худ ба оташ сӯзонид, ва мурд,

19 Аз боиси гуноҳҳои худ, ки аъмоли дар назари Худованд бадро ба ҷо оварда, гуноҳ кард, ва бо роҳи Ёробъом ва дар гуноҳҳои вай рафтор намуда, Исроилро гирифтори гуноҳ гардонид.

20 Ва бақияи аъмоли Зимрӣ ва суиқасде ки ӯ ба амал овард, дар китоби вақоеъномаи подшоҳони Исроил навишта шудааст.

Мухолифат дар миёни Омрӣ ва Тибнӣ, ва подшоҳ шудани Омрӣ.

21 Он гоҳ қавми Исроил ду тақсим шуданд: нисфи қавм тарафдори Тибнӣ ибни Ҷинат буданд, то ки варо подшоҳ кунанд, ва нисфи дигарашон — тарафдори Омрӣ.

22 Ва қавме ки тарафдори Омрӣ буданд, бар қавме ки тарафдори Тибнӣ ибни Ҷинат буданд, дастболо шуданд, ва Тибнӣ мурд, ва Омрӣ подшоҳ шуд.

23 Дар соли сию якуми Осо, подшоҳи Яҳудо, Омрӣ бар Исроил подшоҳ шуда, дувоздаҳ сол салтанат ронд; дар Тирсо шаш сол салтанат ронд.

24 Ва ӯ кӯҳи Шӯмрӯнро аз Сомар ба ду киккар нуқра харид, ва бар кӯҳ бино кард, ва номи шаҳреро, ки бино кард, ба номи Сомар, ки соҳиби кӯҳ буд, Сомария хонд.

25 Ва Омрӣ он чиро, ки дар назари Худованд бад буд, ба амал овард, ва аз ҳамаи онҳое ки пеш аз ӯ буданд, бадтар рафтор кард.

26 Ва комилан роҳи Ёробъом ибни Набот ва гуноҳҳои варо пайравӣ намуд, ки вай Исроилро гирифтори гуноҳ гардонида буд, то ки Худованд Худои Исроилро бо бутҳои худ ба ғазаб оваранд.

27 Ва бақияи аъмоли Омрӣ, ки кардааст, ва корнамоие ки нишон додааст, дар китоби вақоеъномаи подшоҳони Исроил навишта шудааст.

28 Ва Омрӣ бо падарони худ хобид, ва дар Сомария дафн карда шуд; ва писараш Аҳъоб ба ҷои ӯ подшоҳ шуд.

29 Ва Аҳъоб ибни Омрӣ дар соли сию ҳаштуми Осо, подшоҳи Яҳудо, бар Исроил подшоҳ шуд; ва Аҳъоб ибни Омрӣ бар Исроил дар Сомария бисту ду сол салтанат ронд.

30 Ва Аҳъоб ибни Омрӣ аз ҳамаи онҳое ки пеш аз ӯ буданд, дар назари Худованд бештар рафтори бад кард.

31 Ба гуноҳҳои Ёробъом ибни Набот пайравӣ карданаш магар кам буд, ки ӯ Изобал бинти Этбаал, подшоҳи сидӯниёнро ба занӣ гирифт, ва рафта, Баалро ибодат кард, ва ба вай саҷда бурд.

32 Ва дар хонаи Баал, ки дар Сомария бино кард, қурбонгоҳе барои Баал барпо намуд.

33 Ва Аҳъоб Ашераро сохт; ва Аҳъоб корҳои бадашро давом дода, бештар аз ҳамаи подшоҳони Исроил, ки пеш аз ӯ буданд, Худованд Худои Исроилро ба ғазаб овард.

34 Дар айёми ӯ Ҳиили байт‐илӣ Ериҳӯро бино кард: бар нахустзодаи худ Абиром буньёди онро гузошт, ва бар писари хурдии худ Саҷуб дарвозаҳояшро шинонид, бар тибқи каломи Худованд, ки ба воситаи Еҳушаъ ибни Нун гуфта буд.

17

БОБИ ҲАФДАҲУМ

Ҳизмати Ильёси набӣ. Пешгӯӣ дар бораи хушксолӣ.

1 Ва Ильёси тишбӣ, ки аз сокинони Ҷилъод буд, ба Аҳъоб гуфт: «Ба ҳаёти Худованд Худои Исроил, ки ба хузураш истодаам, қасам мехӯрам, ки дар ин солҳо шабнам ва борон нахоҳад борид, магар ки бар тибқи каломи ман».

2 Ва каломи Худованд бар ӯ нозил шуда, гуфт:

3 «Аз ин чо рафта, ба тарафи шарқ рӯй овар ва назди наҳри Карит, ки дар рӯ ба рӯи Урдун аст, пинҳон шав.

4 Ва аз он наҳр ту хоҳӣ нӯшид; ва Ман ба зоғон амр фармудам, ки дар он ҷо ба ту ғизо оваранд».

5 Ва ӯ рафта, бар тибқи каломи Худованд амал кард; ва рафта, назди наҳри Карит, ки дар рӯ ба рӯи Урдун аст, сокин шуд.

6 Ва зоғон барои ӯ нону гӯшт дар субҳ, ва нону гӯшт дар шом меоварданд, ва аз наҳр ӯ менӯшид.

7 Ва бо мурури замон наҳр хушк шуд, зеро ки борон дар замин набуд.

Ильёс дар Сорефот.

8 Ва каломи Худованд бар ӯ нозил шуда, гуфт:

9 «Бархоста, ба Сорефот, ки назди Сидӯн аст, бирав, ва дар он ҷо сукунат намо; инак, Ман ба бевазане дар он ҷо амр фармудам, ки ба ту ғизо диҳад».

10 Ва ӯ бархоста, ба Сорефот рафт, ва ҳангоме ки ба дарвозаи шаҳр расид, инак, бевазан дар он ҷо чӯбпора мечид; ва ӯ варо даъват намуда, гуфт: «Лутфан, андак об барои ман дар зарфе биёр, то ки бинӯшам».

11 Вай барои овардани об рафт, вале ӯ варо даъват намуда, гуфт: «Лутфан, як порча нон барои ман дар дасти худ биёр».

12 Вай гуфт: «Қасам ба ҳаёти Худованд Худои ту, ки як кулча ҳам надорам, балки як мушт орд дар чалак ва андак равған дар кӯза ҳаст, ва инак, ман як‐ду чӯбпора мечинам, ва рафта, онро барои худам ва писарам мепазам, ва мо онро мехӯрем ва мемирем».

13 Ва Ильёс ба вай гуфт: «Натарс, бирав ва он чи гуфтӣ, бикун; аммо аввал кулчаи хурде аз он барои ман пухта, назди ман биёр, ва баъд барои худат ва писарат бипаз;

14 Зеро ки Худованд Худои Исроил чунин мегӯяд: „Чалаки орд тамом нахоҳад шуд, ва кӯзаи равған кам нахоҳад монд, то рӯзе ки Худованд борон бар замин биборонад“».

15 Вай рафта, бар тибқи гуфтаи Ильёс амал кард; ва вай, ва ӯ, ва аҳли хонаи вай чандин айём хӯрданд.

16 Чалаки орд тамом нашуд, ва кӯзаи равған кам намонд, бар тибқи каломи Худованд, ки ба воситаи Ильёс гуфта буд.

Зинда шудани писари бевазан.

17 Ва баъд аз ин ҳодисаҳо чунин воқеъ шуд, ки писари ин занаки соҳиби хона бемор шуд, ва бемориаш он қадар сахт буд, ки ӯро рамақе намонд.

18 Вай ба Ильёс гуфт: «Туро бо ман чӣ кор аст, эй марди Худо? Ту назди ман омадаӣ, то ки гуноҳи моро хотиррасон намоӣ ва писарамро бикушӣ».

19 Ва ӯ ба вай гуфт: «Писаратро ба ман бидеҳ». Ва ӯро аз оғӯши вай гирифта, ба болохонае ки дар он сукунат дошт, баровард, ва ӯро бар бистари худ хобонид.

20 Ва сӯи Худованд хонда, гуфт: «Эй Худованд Худои ман! Оё ба сари бевазане низ, ки ман назди вай сукунат дорам, офате оварда, писарашро мекушӣ?»

21 Ва худро се карат бар писар ёзонид, ва сӯи Худованд хонда, гуфт: «Эй Худованд Худои ман! Лутфан, ҷони ин писар андаруни ӯ баргардад!»

22 Ва Худованд овози Ильёсро шунид, ва ҷони писар андаруни ӯ баргашт, ва ӯ зинда шуд.

23 Ва Ильёс писарро гирифта, аз болохона ба хона фуровард, ва ӯро ба модараш супурд; ва Ильёс гуфт: «Бубин, писарат зинда аст».

24 Ва ин зан ба Ильёс гуфт: «Акнун ман донистам, ки ту марди Худо ҳастӣ, ва каломи Худованд дар даҳони ту рост аст».

18

БОБИ ҲАЖДАҲУМ

Ильёс назди Аҳъоб меравад.

1 Ва баъд аз рӯзҳои зиёде каломи Худованд дар соли сеюм бар Ильёс нозил шуда, гуфт: «Рафта, худро ба Аҳъоб зоҳир намо, ва Ман бар замин борон хоҳам боронид».

2 Ва Ильёс рафт, то ки худро ба Аҳъоб нишон диҳад; ва қаҳтӣ дар Сомария сахт буд.

3 Ва Аҳъоб Убадьёҳуро, ки нозири хонаи ӯ буд, даъват намуд; ва Убадьёҳу шахси бағоят худотарс буд.

4 Ва ҳангоме ки Изобал анбиёи Худовандро маҳв менамуд, Убадьёҳу сад нафар анбиёро гирифта, дар мағораҳо панҷоҳнафарӣ пинҳон кард, ва онҳоро бо нон ва об таъмин намуд.

5 Ва Аҳъоб ба Убадьёҳу гуфт: «Дар замин ҳамаи чашмаҳои об ва ҳамаи наҳрҳоро тай намо, ки шояд алафе пайдо карда, аспон ва хачиронро зинда нигоҳ дорем, ва аз чорпоён маҳрум нашавем».

6 Ва онҳо заминро дар миёни худ тақсим карданд, то ки онро тай намоянд: Аҳъоб бо як роҳ танҳо рафт, ва Убадьёҳу бо роҳи дигар танҳо рафт.

7 Ва ҳангоме ки Убадьёҳу дар роҳ буд, инак, Ильёс бо вай вохӯрд; вай ӯро шинохт ва бар рӯи худ афтода, гуфт: «Оё оғоям Ильёс ту ҳастӣ?»

8 Вай ба ӯ гуфт: «Ман ҳастам; рафта, ба оғои худ бигӯй: „Ильёс ин ҷост“».

9 Вай гуфт: «Ман чӣ гуноҳ кардаам, ки ту бандаи худро ба дасти Аҳъоб месупорӣ, то ки маро бикушад?

10 Қасам ба ҳаёти Худованд Худои ту, ки қавме ва мамлакате нест, ки оғоям барои ҷустуҷӯи ту ба он чо нафиристода бошад, ва онҳо мегуфтанд: „Ин ҷо нест“; ва ӯ он мамлакат ва халқро қасам медод, ки туро наёфтаанд;

11 Ва алҳол ту мегӯӣ: рафта, ба оғои худ бигӯй: „Ильёс ин ҷост“.

12 Ва чунин воқеъ хоҳад шуд, ки чун аз пеши ту биравам, ва Рӯҳи Худованд туро ба ҷое ки намедонам, бардошта барад, ва ман рафта ба Аҳъоб хабар диҳам, ва ӯ туро наёбад, — дар он сурат ӯ маро хоҳад кушт; ва бандаат аз бачагии худ аз Худованд метарсад;

13 Оё оғоям хабар наёфтааст аз он чи ман кардам, яъне вақте ки Изобал анбиёи Худовандро мекушт, ман сад нафар анбиёро дар мағораҳо панҷоҳнафарӣ пинҳон кардам, ва онҳоро бо нон ва об таъмин намудам;

14 Ва алҳол ту мегӯӣ: рафта ба оғоят бигӯй: „Ильёс ин ҷост“. Пас, ӯ маро хоҳад кушт».

15 Ва Ильёс гуфт: «Ба ҳаёти Худованди лашкарҳо, ки ба хузураш истодаам, қасам мехӯрам, ки имрӯз худро ба вай нишон хоҳам дод».

16 Ва Убадьёҳу ба истиқболи Аҳъоб рафта, ба вай хабар дод; ва Аҳъоб ба истиқболи Ильёс рафт.

Ильёс бо Аҳъоб вохӯрда, варо барои гуноҳҳояш мазаммат менамояд.

17 Ва ҳангоме ки Аҳъоб Ильёсро дид, Аҳъоб ба ӯ гуфт: «Оё ту ҳастӣ, ки Исроилро ба изтироб андохтаӣ?»

18 Ва ӯ гуфт: «Исроилро ман ба изтироб наандохтаам, балки ту ва хонадони падарат, чунки шумо аҳкоми Худовандро тарк кардед, ва ту Баалҳоро пайравӣ намудӣ.

19 Ва алҳол фиристода, тамоми Исроилро назди ман бар кӯҳи Кармил ҷамъ кун, ва низ чорсаду панҷоҳ нафар анбиёи Баал ва чорсад нафар анбиёи Ашераро, ки аз суфраи Изобал хӯрок мехӯранд».

20 Ва Аҳъоб назди тамоми банӣ‐Исроил фиристод, ва анбиёро бар кӯҳи Кармил ҷамъ кард.

21 Ва Ильёс ба тамоми қавм наздик омада, гуфт: «То ба кай шумо дар миёни ду ақида мекалавед? Агар Худованд аст Худо, — Ӯро пайравӣ намоед, ва агар Баал аст, — варо пайравӣ намоед». Вале қавм дар ҷавоби ӯ сухане нагуфтанд.

22 Ва Ильёс ба қавм гуфт: «Ман танҳо ҳамчун набии Худованд боқӣ мондаам, валекин анбиёи Баал чорсаду панҷоҳ нафаранд.

23 Бигзор ба мо ду гов диҳанд, ва онҳо бигзор як говро барои худ интихоб намоянд, ва онро пора‐пора карда, бар ҳезум монанд, вале оташ нагузоранд; ва ман гови дигарро тайёр карда, бар ҳезум мемонам, вале оташ намегузорам.

24 Ва шумо номи худои худро бихонед, ва ман исми Худовандро хоҳам хонд, ва он Худое ки бо оташ ҷавоб гардонад, Ӯ Худо бошад». Ва тамоми қавм ҷавоб дода, гуфтанд: «Дуруст гуфтӣ».

Худованд зидди Баал.

25 Ва Ильёс ба анбиёи Баал гуфт: «Як говро барои худ интихоб намуда, шумо аввал тайёр кунед, зеро ки бисьёр ҳастед; ва номи худои худро бихонед, вале оташ нагузоред».

26 Ва говеро, ки ба онҳо дода шуд, гирифта, тайёр карданд, ва номи Баалро аз субҳ то нимирӯзӣ хонда, гуфтанд: «Эй Баал, ба мо ҷавоб гардон!» Вале на садое буд ва на ҷавобе. Ва онҳо назди қурбонгоҳе ки сохта буданд, ҷастухез мекарданд.

27 Ва дар нимирӯзӣ Ильёс онҳоро тамасхур намуда, гуфт: «Бо овози баланд бихонед, зеро ки вай худост; шояд, ба мусоҳибае машғул бошад, ё барои қазои ҳоҷат дур шуда бошад, ё дар сафар бошад, шояд, хоб рафта бошад, ва бедор шавад».

28 Ва онҳо бо овози баланд мехонданд, ва худро, бар тибқи одати худ, бо шамшерҳо ва найзаҳо захмдор мекарданд, ба дараҷае ки хун бар онҳо чорӣ мешуд.

29 Ва баъд аз гузаштани нимирӯзӣ онҳо то вақти баровардани қурбонии шом доду фарьёд карданд, валекин на садое буд, на ҷавобе ва на таваҷҷӯҳе.

30 Ва Ильёс ба тамоми қавм гуфт: «Ба ман наздик оед». Ва тамоми қавм ба ӯ наздик омаданд; ва ӯ қурбонгоҳи Худовандро, ки вайрон шуда буд, таъмир кард.

31 Ва Ильёс дувоздаҳ санг гирифт, бар тибқи шумораи сибтҳои банӣ‐Яъқуб, ки каломи Худованд бар ӯ нозил шуда, гуфта буд: «Номи ту Исроил хоҳад буд».

32 Ва аз он сангҳо қурбонгоҳе ба исми Худованд бино кард; ва гирдогирди қурбонгоҳ хандақе сохт, ки сатҳи кишти ду сео тухмиро дошт.

33 Ва ҳезумро ҷо ба ҷо монд; ва говро пора‐пора карда, бар ҳезум гузошт.

34 Ва гуфт: «Чор чалакро об пур карда, бар қурбонии сӯхтанӣ ва бар ҳезум бирезед». Ва гуфт: «Бори дуюм ин корро бикунед!» Ва бори дуюм карданд. Ва гуфт: «Бори сеюм ин корро бикунед!» Ва бори сеюм карданд.

35 Ва об гирдогирди қурбонгоҳ ҷорӣ шуд, ва хандақ низ аз об пур шуд.

36 Ва дар вақти баровардани қурбонии шом Ильёси набӣ наздик омада, гуфт: «Эй Худованд, Худои Иброҳим, Исҳоқ ва Исроил! Бигзор имрӯз маълум гардад, ки Ту дар Исроил Худо ҳастӣ, ва ман бандаи Ту ҳастам, ва ҳамаи инро бар тибқи каломи Ту кардаам.

37 Маро иҷобат намо, эй Худованд, маро иҷобат намо! Ва бигзор ин қавм дарк кунанд, ки Ту Худованд Худо ҳастӣ, ва Ту дили онҳоро хоҳӣ баргардонид».

38 Ва оташи Худованд фурӯ рехта, қурбонии сӯхтанӣ ва ҳезум ва хокро фурӯ бурд, ва оберо, ки дар хандақ буд, лесид.

39 Ва тамоми қавм инро диданд, ва бар рӯи худ афтода, гуфтанд: «Худованд Худост! Худованд Худост!»

40 Ва Ильёс ба онҳо гуфт: «Анбиёи Баалро дастгир кунед, як нафар ҳам аз онҳо раҳо нашавад!» Ва онҳоро дастгир карданд. Ва Ильёс онҳоро назди наҳри Қишӯн фурӯд овард, ва дар он ҷо онҳоро кушт.

41 Ва Ильёс ба Аҳъоб гуфт: «Баромада, бихӯр ва бинӯш, зеро ки садои борони зиёде меояд».

Ильёс бар кӯҳи Кармил.

42 Ва Аҳъоб баромад, то ки бихӯрад ва бинӯшад; ва Ильёс бар қуллаи Кармил баромада, бар замин хам шуд, ва рӯи худро ба миёни зонуҳояш гузошт.

43 Ва ба навкари худ гуфт: «Лутфан, баромада ба тарафи баҳр бингар». Вай баромада, нигарист ва гуфт: «Чизе нест». Ҳафт бор Ильёс ба ӯ гуфт: «Боз бирав ва бингар».

44 Ва дар бори ҳафтум вай гуфт: «Инак, абри хурде ба андозаи кафи одам аз баҳр мебарояд». Ва ӯ гуфт: «Баромада, ба Аҳъоб бигӯй: „Аробаатро баста, фурӯд ой, то ки борон ба ту монеъ нашавад“».

45 Дар ин миён осмон аз абрҳо ва аз бод тира шуда, борони сахт борид; ва Аҳъоб ба аробааш савор шуда, ба Изреъил рафт.

46 Ва дасти Худованд бар Ильёс буд, ва ӯ камари худро баста, пешопеши Аҳъоб то даромадгоҳи Изреъил давид.

19

БОБИ НУЗДАҲУМ

Худованд набиро муҳофизат менамояд.

1 Ва Аҳъоб ба Изобал аз он чи Ильёс кард, ва чӣ гуна тамоми анбиёро бо шамшер кушт, хабар дод.

2 Ва Изобал қосидеро назди Ильёс фиристода, гуфт: «Худоён ба ман чунин ва зиёда аз ин бикунанд, агар фардо дар ҳамин вақт ҷони туро мисли ҷони яке аз онҳо насозам».

3 Ва ӯ ин хатарро дида, бархост ва барои ҳифзи ҷони худ равона шуда, ба Беэр‐Шобаъ, ки дар Яҳудост, омад, ва навкари худро дар он ҷо гузошт.

4 Ва худаш дар биёбон роҳи якрӯзаро тай намуд, ва омада, зери дарахти ратам нишаст, ва ба ҷони худ маргро хоста, гуфт: «Бас аст! Алҳол, эй Худованд, ҷони маро бигир, зеро ки ман аз падарони худ беҳтар нестам».

5 Ва зери дарахти ратам ёзида, хобид. Ва инак, фариштае ӯро ламс намуда, гуфт: «Бархез, бихӯр».

6 Ва ӯ нигарист, ва инак, назди сараш кулчаи бар лахчаҳо пухташуда ва кӯзаи об буд. Ва ӯ хӯрд ва нӯшид, ва боз хобид.

7 Ва фариштаи Худованд бори дуюм омад, ва ӯро ламс намуда, гуфт: «Бархез, бихӯр, зеро ки роҳи дуре пеши туст».

Ильёс бар кӯҳи Ҳӯриб.

8 Ва ӯ бархоста, хӯрд ва нӯшид, ва бо қуввати ин хӯрок чил рӯз ва чил шаб то Ҳӯриб, ки кӯҳи Худост, рафт.

9 Ва дар он ҷо ба мағорае даромад, ва шабро дар он гузаронид. Ва инак, каломи Худованд бар ӯ нозил шуда, ба ӯ гуфт: «Эй Ильёс, туро дар ин ҷо чӣ кор аст?»

10 Ва ӯ гуфт: «Ман барои Худованд Худои лашкарҳо рашки азиме дорам, зеро ки банӣ‐Исроил аҳди Туро тарк намудаанд, қурбонгоҳҳои Туро вайрон кардаанд ва анбиёи Туро бо шамшер куштаанд; ва танҳо ман боқӣ мондаам, вале ҷони маро низ металабанд, то ки онро бигиранд».

11 Ва гуфт: «Берун ой ва бар кӯҳ ба ҳузури Худованд биист». Ва инак, Худованд убур менамояд, ва боди азим ва пурзӯре кӯҳҳоро ба ҳузури Худованд аз ҳам ҷудо ва сахраҳоро пора‐пора мекунад, вале Худованд дар бод нест. Ва баъд аз бод — зилзилае, вале Худованд дар зилзила нест.

12 Ва баъд аз зилзила — оташе, вале Худованд дар оташ нест. Ва баъд аз оташ — садои пичирроси оҳиста.

13 Ва ҳангоме ки Ильёс инро шунид, рӯи худро бо ридои худ пӯшонида, берун омад ва дар даҳани мағора истод. Ва инак, овозе ба ӯ муроҷиат намуда, гуфт: «Эй Ильёс, туро дар ин ҷо чӣ кор аст?»

14 Ва ӯ гуфт: «Ман барои Худованд Худои лашкарҳо рашки азиме дорам, зеро ки банӣ‐Исроил аҳди Туро тарк намудаанд, қурбонгоҳҳои Туро вайрон кардаанд ва анбиёи Туро бо шамшер куштаанд; ва танҳо ман боқӣ мондаам, вале ҷони маро низ металабанд, то ки онро бигиранд».

15 Ва Худованд ба ӯ гуфт: «Рафта, бо роҳи худ ба биёбони Димишқ баргард, ва омада, Ҳазоилро ба подшоҳӣ бар Арам тадҳин намо;

16 Ва Еҳу ибни Нимширо ба подшоҳӣ бар Исроил тадҳин намо, ва Элишоъ ибни Шофотро, ки аз Обил‐Маҳӯло мебошад, ба набигӣ ба ҷои худат тадҳин намо.

17 Ва ҳар кӣ аз шамшери Ҳазоил раҳо шавад, варо Еҳу хоҳад кушт; ва ҳар кӣ аз шамшери Еҳу раҳо шавад, варо Элишоъ хоҳад кушт.

18 Ва Ман дар Исроил ҳафт ҳазор нафарро боқӣ хоҳам гузошт, — ҳар зонуеро, ки пеши Баал хам нашудааст, ва ҳар даҳонеро, ки варо набӯсидааст».

Даъват шудани Элишоъ.

19 Ва ӯ аз он ҷо рафта, Элишоъ ибни Шофотро ёфт, ки вай шудгор мекард; дувоздаҳ ҷуфт гов пешопеши вай, ва худаш бо ҷуфти дувоздаҳум буд. Ва Ильёс аз пеши вай гузашта, ридои худро бар китфи вай партофт.

20 Вай говҳоро тарк намуда, аз ақиби Ильёс давид, ва гуфт: «Изн бидеҳ, ки падару модари худро бибӯсам, ва сонӣ аз ақиби ту биравам». Ва ӯ ба вай гуфт: «Бирав ва баргард, зеро ки ман ба ту чӣ кардаам?»

21 Ва барои пайравии ӯ баргашта, як ҷуфт говҳоро гирифт, ва онҳоро забҳ намуда, гӯшташонро бар оташи олоти говон пухт, ва онро ба мардум дод, ва онҳо хӯрданд; ва бархоста, аз ақиби Ильёс рафт, ва хизмати ӯро ба ҷо овард.

20

БОБИ БИСТУМ

Аҳъоб ба Арам лашкар мекашад.

1 Ва Бин‐Ҳадад, подшоҳи Арам, тамоми лашкари худро ҷамъ кард, ва сию ду подшоҳ, ва аспон ва аробаҳо ҳамроҳи вай буданд; ва баромада, Сомарияро муҳосира намуд, ва бо он ҷанг кард.

2 Ва қосидонро назди Аҳъоб, подшоҳи Исроил, ба шаҳр фиристод.

3 Ва ба ӯ гуфт: «Бин‐Ҳадад чунин мегӯяд: „Нуқраи ту ва тиллои ту аз они ман аст; занон ва писарони беҳтарини ту аз они мананд“».

4 Ва подшоҳи Исроил ҷавоб гардонида, гуфт: «Эй оғоям подшоҳ, бигзор мувофиқи гуфтаи ту ман ва тамоми дороии ман аз они ту бошем».

5 Ва қосидон бори дигар омада, гуфтанд: «Бин‐Ҳадад чунин амр фармуда, мегӯяд: „Ман назди ту фиристода гуфта будам, ки нуқраи худ ва тиллои худ ва занони худ ва писарони худро ту ба ман бидиҳӣ;

6 Аз ин рӯ, фардо ман навкарони худро назди ту мефиристам, то ки хонаи ту ва хонаҳои навкаронатро кофтуков кунанд, ва ҳар чиро, ки дар назари ту писандида аст, ба дасти худ гирифта, бибаранд“».

7 Ва подшоҳи Исроил ҳамаи пирони Исроилро даъват намуда, гуфт: «Бидонед ва бубинед, ки вай қасди баде дорад, зеро вақте ки вай оид ба занон ва писаронам ва нуқра ва тиллоям фиристода буд, ман иддаояшро рад накардам».

8 Ва ҳамаи пирон ва тамоми қавм ба ӯ гуфтанд: «Гӯш накун ва розӣ нашав».

9 Ва ӯ ба қосидони Бин‐Ҳадад гуфт: «Ба оғоям подшоҳ бигӯед: „Ҳар чи бори аввал ба бандаи худ дар бораи он фиристодӣ, ба ҷо хоҳам овард, вале ин корро наметавонам ба ҷо оварам“». Ва косидон рафта, ҷавобро ба вай расониданд.

10 Ва Бин‐Ҳадад назди ӯ фиристода, гуфт: «Худоён ба ман чунин ва зиёда аз ин бикунанд, агар ғубори Сомария барои ҳамаи одамоне ки ҳамроҳи мананд, якмуштӣ бирасад».

11 Ва подшоҳи Исроил ҷавоб гардонида, гуфт: «Бигӯед: „Он ки шамшер ба камар мебандад, набояд мисли он ки шамшер аз камар мекушояд, фахр намояд“».

12 Ва ҳангоме ки вай ин суханро шунид, дар ҳолате ки бо подшоҳон дар хаймаҳо бо шаробнӯшӣ машғул буд, ба навкаронаш гуфт: «Манҷаниқҳоро тайёр кунед!» Ва онҳо манҷаниқҳоро ба муқобили шаҳр тайёр карданд.

13 Ва инак, набие ба Аҳъоб, подшоҳи Исроил, наздик омада, гуфт: «Худованд чунин мегӯяд: „Оё ин издиҳоми азимро мебинӣ? Инак, Ман имрӯз онҳоро ба дасти ту месупорам, то бидонӣ, ки Ман Худованд ҳастам“».

14 Ва Аҳъоб гуфт: «Ба воситаи кӣ?» Вай гуфт: «Худованд чунин мегӯяд: „Ба воситаи навкарони сарварони вилоятҳо“». Ва ӯ гуфт: «Кист, ки ба ҳарбу зарб шурӯъ намояд?» Вай гуфт: «Ту».

Ғалабаи ӯ бар арамиён.

15 Ва ӯ навкарони сарварони вилоятҳоро дар шумор овард, ва онҳо дусаду сию ду нафар буданд; ва баъд аз онҳо тамоми қавмро, тамоми банӣ‐Исроилро дар шумор овард, ки ҳафт ҳазор нафар буданд.

16 Ва онҳо дар нимирӯзӣ берун омаданд; ва Бин‐Ҳадад бо он подшоҳон, яъне бо сию ду подшоҳе ки ба ӯ мадад мерасониданд, дар хаймаҳо шаробнӯшӣ карда маст шуда буд.

17 Ва навкарони сарварони вилоятҳо аввал берун омаданд. Ва Бин‐Ҳадад фиристод, ва ба вай хабар расонида, гуфтанд: «Аз Сомария одамон берун омадаанд».

18 Вай гуфт: «Хоҳ барои сулҳ берун омада бошанд, онҳоро зинда дастгир кунед, ва хоҳ барои ҳарбу зарб берун омада бошанд, онҳоро зинда дастгир кунед».

19 Ва инҳо, яъне навкарони сарварони вилоятҳо ва лашкаре ки аз ақибашон буд, аз шаҳр берун омаданд.

20 Ва ҳар яке аз онҳо ҳарифи худро зада куштанд, ва арамиён рӯ ба гурез оварданд, ва исроилиён онҳоро таъқиб мекарданд; ва Бин‐Ҳадад, подшоҳи Арам, ба асп савор шуда, бо чанде аз сарваронаш раҳоӣ ёфт.

21 Ва подшоҳи Исроил берун омада, аспон ва аробаҳоро зарба зад, ва ба Арам шикасти азиме расонид.

Набӣ Аҳъобро таъкид менамояд.

22 Ва он набӣ ба подшоҳи Исроил наздик омада, ба ӯ гуфт: «Рафта, худро мустаҳкам намо, ва бидон ва бубин, ки чӣ мекунӣ, зеро ки баъд аз гузаштани як сол подшоҳи Арам ба муқобили ту хоҳад баромад».

Юруши дуюмбора ба зидди Арам.

23 Ва бандагони подшоҳи Арам ба вай гуфтанд: «Худоёни кӯҳҳо худоёни онҳоянд, бинобар ин онҳо бар мо ғолиб омаданд, валекин агар бо онҳо дар даштрӯя ҷанг кунем, ҳатман ғолиб хоҳем омад;

24 Ва ту ба ин мазмун амал намо: ҳар яке аз подшоҳонро аз ҷояш дур сохта, волиёнро ба ҷои онҳо таъин намо.

25 Ва ту лашкареро ба қадри лашкаре ки аз ту талаф шудааст, асп дар ивази асп, ва ароба дар ивази ароба, барои худ барпо намо, ва мо бо онҳо дар даштрӯя ҷанг карда, ҳатман бар онҳо ғолиб хоҳем омад». Вай ба овози онҳо гӯш дода, ҳамин тавр амал намуд.

26 Ва баъд аз гузаштани як сол Бин‐Ҳадад арамиёнро дар шумор овард, ва ба Афиқ баромад, то ки бо Исроил ҷанг кунад.

27 Ва банӣ‐Исроил ба шумор оварда ва бо озуқа ва силоҳ таъмин карда шуданд, ва ба истиқболи онҳо рафтанд; ва банӣ‐Исроил ба муқобили онҳо мисли ду рамаи бузон ӯрду заданд, вале арамиён заминро пур карданд.

28 Ва он марди Худо наздик омад, ва ба подшоҳи Исроил сухан ронда, гуфт: «Худованд чунин мегӯяд: „Азбаски арамиён гуфтанд, ки Худованд Худои кӯҳҳост, вале Худои водиҳо нест, бинобар ин Ман тамоми ин издиҳоми азимро ба дасти ту хоҳам супурд, то бидонед, ки Ман Худованд ҳастам“».

29 Ва инҳо ба муқобили онҳо ҳафт рӯз ӯрду заданд, ва дар рӯзи ҳафтум ҳарбу зарб оғоз шуд, ва банӣ‐Исроил аз арамиён сад ҳазор пиёдаро дар як рӯз куштанд.

30 Ва боқимондагон ба шаҳри Афиқ гурехтанд, ва ҳисор бар бисту ҳафт ҳазор нафар боқимондагон фурӯ ғалтид; ва Бин‐Ҳадад гурехта, дар шаҳр ба хуҷраи дохилӣ даромад.

31 Ва бандагонаш ба ӯ гуфтанд: «Инак, мо шунидаем, ки подшоҳони хонадони Исроил подшоҳони эҳсонкоранд; пас, палосҳо ба камари худ ва арғамчинҳо бар сари худ бибандем, ва назди подшоҳи Исроил бароем, ки ӯ шояд ба чони ту тараҳҳум намояд».

32 Ва онҳо палосҳо бар камари худ ва арғамчинҳо бар сари худ бастанд, ва назди подшоҳи Исроил омада, гуфтанд: «Бандаат Бин‐Ҳадад мегӯяд: „Лутфан, ба ҷони ман тараҳҳум намо“». Ва ӯ гуфт: «Оё вай ҳанӯз зинда аст? Вай бародари ман аст».

33 Ва он одамон инро фоли нек дониста ва фавран суханро аз даҳони ӯ гирифта, гуфтанд: «Оре, бародарат Бин‐Ҳадад!» Ва ӯ гуфт: «Рафта, варо биёред». Ва Бин‐Ҳадад назди ӯ баромад, ва ӯ варо бар ароба савор кард.

34 Вай ба ӯ гуфт: «Шаҳрҳоеро, ки падарам аз падарат гирифта буд, бармегардонам; ва ту бозоргоҳҳо барои худ дар Димишқ хоҳӣ дошт, чунон ки падарам дар Сомария дошт». Ва ӯ гуфт: «Ман туро бо ҳамин аҳд раҳо мекунам». Ва бо вай аҳд баста, варо раҳо кард.

Гуноҳи Аҳъоб.

35 Ва касе аз писарони анбиё, бар тибқи каломи Худованд, ба ёри худ гуфт: «Лутфан, маро бизан». Вале он кас аз заданаш сар кашид.

36 Ва ӯ ба вай гуфт: «Азбаски ту ба овози Худованд гӯш надодӣ, ҳамин ки аз назди ман биравӣ, шере туро хоҳад кушт». Ва ҳангоме ки вай аз назди ӯ рафт, шере ба вай дучор омада, варо кушт.

37 Ва ӯ каси дигарро ёфта, гуфт: «Лутфан, маро бизан». Ва он кас ӯро зада, бо зарбааш маҷрӯҳ кард.

38 Ва он набӣ рафта, дар сари роҳ мунтазири подшоҳ истод; ва бо пардае чашмони худро пӯшонид.

39 Ва ҳангоме ки подшоҳ мегузашт, ӯ подшоҳро нидо карда, гуфт: «Бандаат ба ҳарбу зарб баромад, ва инак, шахсе ба тарафе рафт ва касеро назди ман оварда, гуфт: „Ин одамро посбонӣ намо; агар вай ғоиб шавад, ҷони ту дар ивази ҷони вай хоҳад буд, ё ки як киккар нуқра хоҳӣ дод“.

40 Ва чун бандаат бо ин ё он коре шуғл дошт, вай ғоиб шуд». Ва подшоҳи Исроил ба ӯ гуфт: «Сазои ту ҳамин аст; худат фатво додаӣ».

41 Ва ӯ фавран пардаро аз чашмонаш бардошт; ва подшоҳи Исроил ӯро шинохт, ки яке аз анбиёст.

42 Ва ӯ ба вай гуфт: «Худованд чунин мегӯяд: „Азбаски ту касеро, ки Ман ба марг маҳкум намудаам, аз дасти худ раҳо кардӣ, бинобар ин ҷони ту дар ивази ҷони вай, ва қавми ту дар ивази қавми вай хоҳад буд“».

43 Ва подшоҳи Исроил ғамгин ва музтариб гардида, ба хонаи худ рафт, ва ба Сомария ворид шуд.

21

БОБИ БИСТУ ЯКУМ

Аҳъоб мехоҳад токзори Нобӯтро соҳиб шавад.

1 Ва баъд аз ин ҳодисаҳо чунин воқеъ шуд: Нобӯти изреъилӣ дар Изреъил дар паҳлуи қасри Аҳъоб, подшоҳи Сомария, токзоре дошт.

2 Ва Аҳъоб ба Нобӯт сухан ронда, гуфт: «Токзоратро ба ман бидеҳ, то ки полизе барои ман бишавад, зеро ки он дар паҳлуи хонаи ман аст; ва ман дар ивази он ба ту токзори аз он хубтаре хоҳам дод, ё агар дар назарат писанд ояд, ба қадри қимати он ба ту нуқра хоҳам дод».

3 Вале Нобӯт ба Аҳъоб гуфт: «Ҳошо аз тарси Худованд, ки ман мероси падаронамро ба ту бидиҳам».

4 Ва Аҳъоб аз сухане ки Нобӯти изреъилӣ ба ӯ гуфт, ғамгин ва музтариб гардида, ба хонаи худ омад, зеро ки вай гуфт: «Мероси падаронамро ба ту нахоҳам дод». Ва ӯ бар бистари худ хобида, рӯи худро гардонид, ва хӯроке нахӯрд.

5 Ва занаш Изобал назди ӯ омада, ба ӯ гуфт: «Чаро рӯҳи ту музтариб шудааст, ва хӯроке намехӯрӣ?»

6 Ва ӯ ба вай гуфт: «Вақте ки ман ба Нобӯти изреъилӣ сухан ронда гуфтам: „Токзоратро ба ман ба нуқра бидеҳ, ё агар хоҳӣ, дар ивази он токзори дигаре ба ту хоҳам дод“, вай гуфт: „Токзори худро ба ту нахоҳам дод“».

7 Ва занаш Изобал ба ӯ гуфт: «Оё ту алҳол бар Исроил чунин салтанат меронӣ? Бархез ва хӯрок бихӯр, ва бигзор дили ту хуш бошад: ман токзори Нобӯти изреъилиро ба ту хоҳам дод».

8 Вай мактубҳо аз номи Аҳъоб навишта, бар онҳо мӯҳри ӯро гузошт, ва мактубҳоро ба пирон ва асилзодагоне ки бо Нобӯт дар шаҳраш сукунат доштанд, фиристод.

9 Ва дар мактубҳо вай чунин навишта буд: «Рӯзадорӣ эълон намоед ва Нобӯтро дар сари қавм биншонед;

10 Ва ду шахси нобакорро дар рӯ ба рӯи ӯ биншонед, то ки онҳо гувоҳӣ дода, бигӯянд: „Ту дар ҳаққи Худо ва подшоҳ куфр гуфтӣ“; ва ӯро берун бароварда, сангсор кунед, то ки бимирад».

11 Ва аҳли шаҳри ӯ, яъне пирон ва асилзодагоне ки дар шаҳраш сукунат доштанд, бар тибқи амре ки Изобал ба онҳо фиристода буд, амал карданд, ончунон ки дар мактубҳои ба онҳо фиристодаи вай навишта шуда буд:

12 Рӯзадорӣ эълон карданд, ва Нобӯтро дар сари қавм нишонданд;

13 Ва ду шахси нобакор омада, дар рӯ ба рӯи ӯ нишастанд, ва ин шахсони нобакор пеши қавм ба зидди Нобӯт гувоҳӣ дода, гуфтанд: «Нобӯт дар ҳаққи Худо ва подшоҳ куфр гуфт». Ва ӯро аз шаҳр берун бароварда, сангсор карданд, ва ӯ мурд.

14 Ва назди Изобал фиристода, гуфтанд: «Нобӯт сангсор шуда, мурд».

15 Ва чун Изобал шунид, ки Нобӯт сангсор шуда мурдааст, Изобал ба Аҳъоб гуфт: «Бархез ва токзори Нобӯти изреъилиро, ки нахост ба ту ба нуқра бидиҳад, тасарруф намо, зеро ки ӯ зинда нест, балки мурдааст».

16 Ва чун Аҳъоб шунид, ки Нобӯт мурдааст, Аҳъоб бархост, то ки назди токзори Нобӯти изреъилӣ фурӯд омада, онро тасарруф намояд.

Ильёс ҳалокати Аҳъобро пешгӯӣ мекунад.

17 Ва каломи Худованд бар Ильёси тишбӣ нозил шуда, гуфт:

18 «Бархез ва ба истиқболи Аҳъоб, подшоҳи Исроил, ки дар Сомария аст, фурӯд ой; инак, ӯ дар токзори Нобӯт мебошад, ки ба он ҷо фурӯд омадааст, то ки онро тасарруф намояд;

19 Ва ба ӯ сухан ронда, бигӯй: „Худованд чунин мегӯяд: хам куштӣ ва ҳам тасарруф мекунӣ?“ Ва боз ба ӯ сухан ронда, бигӯй: „Худованд чунин мегӯяд: дар ҳамон ҷое ки сагон хуни Нобӯтро лесиданд, сагон хуни туро низ хоҳанд лесид“».

20 Ва Аҳъоб ба Ильёс гуфт: «Оё маро ёфтӣ, эй душмани ман?» Ва ӯ гуфт: «Орё, ёфтам, чунки ту худро фурӯхтаӣ, то он чиро, ки дар назари Худованд бад аст, ба амал оварӣ.

21 Инак, Ман бар ту фалокате оварда, туро тамоман барҳам хоҳам дод, ва аз Аҳъоб ҳар наринаро, хоҳ бандӣ ва хоҳ озод дар Исроил бошад, маҳв хоҳам кард.

22 Ва хонадони туро мисли хонадони Ёробъом ибни Набот ва мисли хонадони Баъшо ибни Аҳиё хоҳам кард, барои он ки ту Маро ба ғазаб овардаӣ ва Исроилро гирифтори гуноҳ гардонидаӣ.

23 Ва дар бораи Изобал низ Худованд сухан ронда, гуфт: „Сагон Изобалро назди ҳисори Изреъил хоҳанд хӯрд“.

24 Ҳар киро, ки аз Аҳъоб дар шаҳр бимирад, сагон хоҳанд хӯрд, ва ҳар киро, ки дар саҳро бимирад, мурғони ҳаво хоҳанд хӯрд».

25 Ҳанӯз касе мисли Аҳъоб набуд, ки ӯ худро фурӯхт, то он чиро, ки дар назари Худованд бад аст, ба амал оварад, ки ба ин амал ӯро занаш Изобал барангехт.

26 Ва ӯ рафтори бағоят зиште карда, бутҳоро пайравӣ намуд, ончунон ки амӯриён амал мекарданд, ки онҳоро Худованд аз пеши банӣ‐Исроил бадар ронда буд.

Худованд ба Аҳъоб тараҳҳум менамояд.

27 Ва ҳангоме ки Аҳъоб ин суханонро шунид, либосҳояшро дарронид, ва палосе дар бар кард, ва рӯза дошт, ва дар палос мехобид, ва ғамгинона роҳ мерафт.

28 Ва каломи Худованд бар Ильёси тишбӣ нозил шуда, гуфт:

29 «Оё Аҳъобро мебинӣ, чӣ гуна ба ҳузури Ман гардан фуровардааст? Азбаски ӯ ба ҳузури Ман гардан фуровардааст, он фалокатро дар айёми ӯ нахоҳам овард, балки дар айёми писараш он фалокатро бар хонадони ӯ хоҳам овард».

22

БОБИ БИСТУ ДУЮМ

Сулҳи сесола дар миёни Арам ва Исроил. Аҳъоб бо Еҳӯшофот ба муқобили Ромӯт меҷангад.

1 Ва се сол умр ба сар бурданд, бе он ки дар миёни Арам ва Исроил ҷанг бошад.

2 Ва дар соли сеюм чунин воқеъ шуд, ки Еҳӯшофот, подшоҳи Яҳудо, назди подшоҳи Исроил фурӯд омад.

3 Ва подшоҳи Исроил ба навкарони худ гуфт: «Оё медонед, ки Ромӯт‐Ҷилъод аз они мост? Ва мо аз гирифтани он аз дасти подшоҳи Арам худдорӣ намуда, хомӯш мондаем».

4 Ва ӯ ба Еҳӯшофот гуфт: «Оё бо ман ба ҷанги зидди Ромӯт‐Ҷилъод меравӣ?» Ва Еҳӯшофот ба подшоҳи Исроил гуфт: «Ман мисли ту ҳастам, қавми ман мисли қавми ту, аспони ман мисли аспони ту».

5 Ва Еҳӯшофот ба подшоҳи Исроил гуфт: «Лутфан, ту имрӯз каломи Худовандро бипурс».

Анбиёи козиб ба хузури Аҳъоб.

6 Ва подшоҳи Исроил анбиёро, ки тақрибан чорсад нафар буданд, ҷамъ карда, ба онҳо гуфт: «Оё ба ҷанги зидди Ромӯт‐Ҷилъод биравам, ё ки худро боздорам?» Ва онҳо гуфтанд: «Бирав, ва Худованд онро ба дасти подшоҳ хоҳад супурд».

7 Ва Еҳӯшофот гуфт: «Оё дар ин ҷо боз набии Худованд нест, то ки аз вай бипурсем?»

8 Ва подшоҳи Исроил ба Еҳӯшофот гуфт: «Боз як мард ҳаст, ки ба воситаи вай аз Худованд пурсидан мумкин аст, вале ман аз вай нафрат дорам, зеро ки вай дар ҳаққи ман ба хубӣ нубувват намекунад, балки ба бадӣ; вай Микойҳу ибни Йимла аст». Ва Еҳӯшофот гуфт: «Подшоҳ чунин нагӯяд».

9 Ва подшоҳи Исроил як хоҷасарои худро хонда, гуфт: «Микойҳу ибни Йимларо ба зудӣ биёр».

10 Ва подшоҳи Исроил ва Еҳӯшофот, подшоҳи Яҳудо, ҳар яке либосҳои худро пӯшида, бар тахти худ дар майдони даҳани дарвозаи Сомария нишаста буданд, ва тамоми анбиё ба ҳузури онҳо нубувват мекарданд.

11 Ва Сидқиё ибни Канъона шохҳои оҳанин барои худ сохта, гуфт: «Худованд чунин мегӯяд: „Арамиёнро бо инҳо шох хоҳӣ зад, то ки тамоман маҳв шаванд“».

12 Ва тамоми анбиё ҳамин тавр нубувват карда, мегуфтанд: «Ба Ромӯт‐Ҷилъод бирав, ва комьёб шав, чунки Худованд онро ба дасти подшоҳ хоҳад супурд».

Нубуввати Микойҳу.

13 Ва қосиде ки барои хондани Микойҳу рафта буд, ба вай сухан ронда, гуфт: «Инак, анбиё бо як овоз суханони хуб дар ҳаққи подшоҳ мегӯянд; бигзор сухани ту низ мисли сухани яке аз онҳо бошад, яъне ту ҳам сухани хуб бигӯй».

14 Ва Микойҳу гуфт: «Қасам ба ҳаёти Худованд, ки он чи Худованд ба ман бигӯяд, ҳамонро хоҳам гуфт».

15 Ва ӯ назди подшоҳ омад, ва подшоҳ ба ӯ гуфт: «Эй Микойҳу, оё ба ҷанги зидди Ромӯт‐Ҷилъод биравем, ё ки худро боздорем?» Ва ӯ ба вай гуфт: «Ба Ромӯт‐Ҷилъод бирав ва комьёб шав, чунки Худованд онро ба дасти подшоҳ хоҳад супурд».

16 Ва подшоҳ ба ӯ гуфт: «Чанд маротиба ман туро қасам бидиҳам, ки ба исми Худованд, ғайр аз он чи рост аст, ба ман нагӯӣ?»

17 Ва ӯ гуфт:

«Тамоми Исроилро

мисли рамае ки чӯпон надорад,

бар кӯҳҳо пароканда дидам.

Ва Худованд гуфт: „Инҳо соҳиб надоранд,

пас бигзор ҳар яке ба хонаи худ ба саломатӣ баргарданд“».

18 Ва подшоҳи Исроил ба Еҳӯшофот гуфт: «Оё ба ту нагуфтам, ки вай дар ҳаққи ман ба хубӣ нубувват намекунад, балки ба бадӣ?»

19 Ва ӯ гуфт: «Пас каломи Худовандро бишнав: ман Худовандро бар тахти Худ нишаста дидам, ва тамоми лашкари осмон назди Ӯ аз тарафи рост ва аз тарафи чап истода буданд.

20 Ва Худованд гуфт: „Кист, ки Аҳъобро розӣ кунад, то ки вай ба Ромӯт‐Ҷилъод рафта фурӯ ғалтад?“ Ва яке ин тавр гуфт, ва дигаре он тавр гуфт.

21 Ва рӯҳе берун омада, ба ҳузури Худованд истод ва гуфт: „Ман ӯро розӣ мекунам“. Ва Худованд ба вай гуфт: „Чӣ гуна?“

22 Вай гуфт: „Ман берун омада, рӯҳи козибе дар даҳони тамоми анбиёи ӯ мегардам“. Ва Ӯ гуфт: „Ту розӣ хоҳӣ кард ва низ муваффақият хоҳӣ ёфт; пас берун омада, чунин амал намо“.

23 Ва инак, алҳол Худованд рӯҳи козибе дар даҳони тамоми ин анбиёи ту гузоштааст; вале Худованд дар ҳаққи ту сухани бад гуфтааст».

24 Ва Сидқиё ибни Канъона наздик омада, Микойҳуро торсакӣ зад ва гуфт: «Бо кадом роҳ Рӯҳи Худованд аз ман убур кардааст, то ки бо ту сухан гӯяд?»

25 Ва Микойҳу гуфт: «Инак, дар он рӯзе ки ту ба ҳуҷраи дохилӣ даромада пинҳон шавӣ, инро хоҳӣ дид».

26 Ва подшоҳи Исроил гуфт: «Микойҳуро бигир, ва ӯро назди Амӯн, ҳокими шаҳр, ва Йӯош, писари подшоҳ, баргардон

27 Ва бигӯй: „Подшоҳ чунин мегӯяд: инро дар зиндон биандозед, ва нони кам ва оби кам варо бихӯронед, то даме ки ман ба саломатӣ баргардам“».

28 Ва Микойҳу гуфт: «Агар ту ба саломатӣ баргардӣ, Худованд ба воситаи ман сухан нагуфта бошад». Ва гуфт: «Бишнавед, ҳамаи қавмҳо!»

Аҳъоб дар ҳарбу зарби назди Ромӯт‐Ҷилъод ба ҳалокат мерасад.

29 Ва подшоҳи Исроил ва Еҳӯшофот, подшоҳи Яҳудо, ба Ромӯт‐Ҷилъод рафтанд.

30 Ва подшоҳи Исроил ба Еҳӯшофот гуфт: «Ман либоси дигар пӯшида, ба ҷанг медароям, валекин ту либоси худро бипӯш». Ва подшоҳи Исроил либоси дигар пӯшида, ба ҷанг даромад.

31 Ва подшоҳи Арам ба сардорони аробаҳояш, ки сию ду нафар буданд, амр фармуда, гуфт: «На бо хурде ва на бо калоне, балки танҳо бо подшоҳи Исроил ҷанг кунед».

32 Ва ҳангоме ки сардорони аробаҳо Еҳӯшофотро диданд, гуфтанд: «Яқинан, подшоҳи Исроил ҳамин аст». Ва давиданд, то ки бо ӯ чанг кунанд. Ва Еҳӯшофот фарьёд зад.

33 Ва чун сардорони аробаҳо диданд, ки ӯ подшоҳи Исроил нест, аз ӯ дур шуданд.

34 Ва касе зеҳи камонашро тасодуфан кашида, подшоҳи Исроилро аз миёни кӯкҳои ҷавшанаш зад; ва ӯ ба аробакаши худ гуфт: «Ҷилавро гардонида, маро аз майдони ҷанг берун барор, зеро ки захмӣ шудаам».

35 Ва дар он рӯз ҷанг авҷ гирифт, ва подшоҳро дар аробааш дар рӯ ба рӯи арамиён ба по хезонида нигоҳ медоштанд; ва бегоҳирӯзӣ ӯ мурд, ва хуни ҷароҳаташ ба даруни ароба рехт.

36 Ва дар вақти ғуруби офтоб дар лашкаргоҳ бонг зада, гуфтанд: «Ҳар кас ба шаҳри худ ва ҳар кас ба сарзамини худ биравад!»

37 Ва подшоҳ мурд, ва ӯро ба Сомария оварданд; ва подшоҳро дар Сомария дафн карданд.

38 Ва аробаро дар ҳавзи Сомария, дар ҷое ки фоҳишагон ғусл мекарданд, шустанд, ва сагон хунашро лесиданд, бар тибқи каломе ки Худованд гуфта буд.

39 Ва бақияи аъмоли Аҳъоб, ва ҳар чи ӯ кард, ва хонаи оҷе ки ӯ бино намуд, ва ҳамаи шаҳрҳое ки ӯ бино намуд, дар китоби вақоеъномаи подшоҳони Исроил навишта шудааст.

Подшоҳ шудани Аҳазьё бар Исроил ва Еҳӯшофот бар Яҳудо.

40 Ва Аҳъоб бо падарони худ хобид, ва писараш Аҳазьё ба ҷои ӯ подшоҳ шуд.

41 Ва Еҳӯшофот ибни Осо дар соли чоруми Аҳъоб, подшоҳи Исроил, бар Яҳудо подшоҳ шуд.

42 Еҳӯшофот дар вақти подшоҳ шуданаш сию панҷсола буд, ва бисту панҷ сол дар Ерусалим подшоҳӣ кард; ва номи модараш Азубо бинти Шилҳӣ буд.

43 Ва ӯ аз ҳар чиҳат бо роҳи падараш Осо рафтор менамуд, аз он дур нашуда, он чиро, ки дар назари Худованд рост аст, ба амал меовард. Аммо баландиҳо барҳам дода нашуд: кавм ҳанӯз бар баландиҳо қурбонӣ мекарданд ва бухур месӯзониданд.

44 Ва Еҳӯшофот бо подшоҳи Исроил сулҳ баст.

45 Ва бақияи аъмоли Еҳӯшофот, ва корнамоие ки ӯ кард, ва ҷангҳое ки ӯ бурд, дар китоби вақоеъномаи подшоҳони Яҳудо навишта шудааст.

46 Ва бақияи ливотагаронро, ки дар айёми падараш Осо боқӣ монда буданд, аз рӯи замин маҳв кард.

47 Ва дар Адӯм подшоҳе набуд, балки волие аз ҷониби подшоҳ буд.

48 Еҳӯшофот киштиҳои таршишӣ сохт, то ки барои овардани тилло ба Ӯфир биравад, вале нарафт, зеро ки киштиҳо дар Эсйӯн‐Ҷобар шикаст.

49 Он гоҳ Аҳазьё ибни Аҳъоб ба Еҳӯшофот гуфт: «Бигзор навкарони ман бо навкарони ту дар киштиҳо бираванд». Вале Еҳӯшофот розӣ нашуд.

Фавти Еҳӯшофот; подшоҳ шудани Еҳӯром.

50 Ва Еҳӯшофот бо падарони худ хобид, ва бо падарони худ дар шаҳри падараш Довуд дафн карда шуд. Ва писараш Еҳӯром ба ҷои ӯ подшоҳ шуд.

51 Аҳазьё ибни Аҳъоб дар соли ҳабдаҳуми Еҳӯшофот, подшоҳи Яҳудо, бар Исроил дар Сомария подшоҳ шуд, ва ду сол бар Исроил подшоҳӣ кард.

52 Ва он чи дар назари Худованд бад буд, ба амал меовард; ва бо роҳи падараш ва модараш ва бо роҳи Ёробъом ибни Набот, ки Исроилро гирифтори гуноҳ гардонида буд, рафтор менамуд,

53 Ва Баалро ибодат карда, ба вай саҷда мебурд; ва бо ҳар коре ки падараш карда буд, Худованд Худои Исроилро ба ғазаб овард.