НОМАИ ЯКУМИ

ҲАВВОРИИ МУҚАДДАС ЮҲАННО

1

БОБИ ЯКУМ

Шаҳодати ҳавворӣ дар бораи Каломи ҳаёт.

1 Дар бораи он чи аз ибтидо буд, ва мо онро шунидаем ва бо чашмони ҳуд дидаем ва муроқиба намудаем, ва онро дастҳои мо ламс кардааст, дар бораи Каломи ҳаёт, —

2 Зеро ки ҳаёт зоҳир шуд, ва мо дидаем ва шаҳодат медиҳем ва ба шумо аз ҳаёти ҷовидоние хабар медиҳем, ки бо Падар буд ва ба мо зоҳир шуд, —

3 Дар бораи он чи мо дидаем ва шунидаем, ба шумо хабар медиҳем, то ки шумо низ бо мо мушоракат дошта бошед; валекин мушоракати мо бо Падар ва бо Писари Ӯ Исои Масеҳ аст.

4 Ва инро мо ба шумо менависем, то ки шодии шумо комил бошад.

Мушоракат бо Худо дар нур зистан ва эътироф кардани гуноҳҳоро металабад.

5 Ва ин аст паёме ки мо аз Ӯ шунидаем ва ба шумо хабар медиҳем: Худо нур аст, ва дар Ӯ ҳеҷ зулмоте нест.

6 Агар мо гӯем, ки бо Ӯ мушоракат дорем, вале дар зулмот мегардем, мо дурӯғ мегӯем ва бар тибқи ростӣ рафтор намекунем;

7 Аммо агар дар нур мегашта бошем, чунон ки Ӯ дар нур аст, бо якдигар мушоракат дорем, ва Хуни Писари Ӯ Исои Масеҳ моро аз ҳар гуноҳ пок менамояд.

8 Агар гӯем, ки мо гуноҳе надорем, — худамонро фиреб медиҳем, ва дар мо ростӣ нест.

9 Агар мо гуноҳҳои худро эътироф кунем, Ӯ амин ва одил аст, ки гуноҳҳои моро биомурзад ва моро аз ҳар ноинсофӣ пок намояд.

10 Агар гӯем, ки мо гуноҳе накардаем, Ӯро дурӯғгӯй месозем, ва каломи Ӯ дар мо нест.

2

БОБИ ДУЮМ

Исо Шафоатгари мо ба хузури Падар аст.

1 Эй фарзандонам! Инро ба шумо менависам, то ки шумо гуноҳ накунед; ва агар касе гуноҳ кунад, мо ба ҳузури Падар Шафоатгаре дорем, ки Исои Масеҳи Одил аст.

2 Ва Ӯ кафорат аст барои гуноҳҳои мо, ва на танҳо барои гуноҳҳои мо, балки барои гуноҳҳои тамоми ҷаҳон низ.

Касе ки каломи Худоро риоят мекунад, дар нур сокин аст.

3 Аз ин медонем, ки Ӯро мешиносем, ки аҳкоми Ӯро риоят мекунем.

4 Касе ки гӯяд: «Ман Ӯро мешиносам», аммо аҳкоми Ӯро риоят накунад, вай дурӯғгӯй аст, ва дар вай ростӣ нест.

5 Валекин касе ки каломи Ӯро риоят мекунад, дар вай ба ростӣ муҳаббати Худо ба камол расидааст. Аз ин медонем, ки мо дар Ӯ ҳастем.

6 Касе гӯяд, ки дар Ӯ собит мемонад, вай бояд тавре рафтор кунад, ки Ӯ рафтор мекард.

Муҳаббати бародарӣ ҳукми тозаест барои фарзандони нур.

7 Эй маҳбубон! Ба шумо ҳукми тозае наменависам, балки ҳукми қадимие ки шумо аз ибтидо доштед: ҳукми қадимӣ каломест, ки шумо аз ибтидо шунидаед.

8 Лекин дар айни ҳол ба шумо ҳукми тозае менависам, ки ростии он ҳам дар Ӯст ва ҳам дар шумост, чунки зулмот гузарон аст, ва акнун нури ҳақиқӣ медурахшад.

9 Ҳар кӣ гӯяд, ки вай дар нур аст, валекин аз бародари худ нафрат дошта бошад, вай ҳанӯз дар зулмот аст.

10 Касе ки бародари худро дӯст медорад, вай дар нур сокин аст, ва дар вай васвасае нест.

11 Вале касе ки аз бародари ҳуд нафрат дорад, вай дар зулмот аст, ва дар зулмот мегардад, ва намедонад, ки куҷо меравад, чунки зулмот чашмонашро кӯр кардааст.

12 Ба шумо, эй фарзандон, менависам, чунки гуноҳҳои шумо ба хотири исми Ӯ омурзида шудааст.

13 Ба шумо, эй падарон, менависам, чунки шумо Ӯро, ки аз ибтидост, шинохтаед. Ба шумо, эй ҷавонон, менависам, чунки шумо иблисро мағлуб кардаед. Ба шумо, эй бачагон, менависам, чунки шумо Падарро шинохтаед.

14 Ба шумо, эй падарон, навиштаам, чунки шумо Ӯро, ки аз ибтидост, шинохтаед. Ба шумо, эй ҷавонон, навиштаам, чунки шумо пурзӯр ҳастед, ва каломи Худо дар шумо сокин аст, ва шумо иблисро мағлуб кардаед.

Тарк кардани муҳаббати ҷаҳон.

15 Ҷаҳонро дӯст надоред, на он чиро, ки дар ҷаҳон аст: касе ки ҷаҳонро дӯст медорад, дар вай муҳаббати Падар нест;

16 Зеро ҳар чи дар ҷаҳон аст: шаҳвати ҷисм, ҳаваси чашмон ва ғурури зиндагонӣ — аз Падар нест, балки аз ин ҷаҳон аст.

17 Ва ҷаҳон бо ҳавасҳояш гузарон аст, аммо касе ки иродаи Худоро ба ҷо меоварад, то абад боқист.

Ҷудо шудан аз зиддимасеҳ.

18 Эй фарзандон! Соати охирин аст, ва чунон ки шунидаед, зиддимасеҳ меояд, ва ҳоло зиддимасеҳони зиёде пайдо шудаанд; аз ин рӯ медонем, ки соати охирин аст.

19 Онҳо аз мо берун омадаанд, аммо аз они мо набуданд; зеро, агар онҳо аз они мо мебуданд, бо мо мемонданд; лекин онҳо берун омаданд, то маълум шавад, ки ҳеҷ яке аз онҳо аз они мо нестанд.

20 Валекин шумо аз ҷониби Қуддус тадҳин ёфтаед ва ҳамаи шумо ростиро медонед.

21 Ман ба шумо на аз он сабаб навиштаам, ки ростиро намедониста бошед, балки аз он сабаб, ки шумо онро медонед, ҳамчунин инро, ки ҳеҷ дурӯғ аз ростӣ нест.

22 Кист дурӯғгӯ, ғайр аз касе ки Масеҳ будани Исоро инкор мекунад? Вай зиддимасеҳ аст, ки Падар ва Писарро инкор мекунад.

23 Ҳар кӣ Писарро инкор мекунад, Падарро низ надорад; ҳар кӣ Писарро эътироф мекунад, Падарро низ дорад.

24 Пас, он чи шумо аз ибтидо шунидаед, бигзор дар шумо бимонад; агар он чи аз ибтидо шунидаед, дар шумо бимонад, шумо низ дар Писар ва дар Падар хоҳед монд.

25 Ва он ваъдае ки Ӯ ба мо додааст, ҳаёти ҷовидонист.

26 Инро ба шумо дар бораи онҳое навиштаам, ки шуморо гумроҳ мекунанд.

27 Валекин тадҳине ки шумо аз Ӯ ёфтаед, дар шумо сокин аст, ва шумо эҳтиёҷе надоред, ки касе шуморо таълим диҳад; аммо азбаски тадҳини Ӯ ба шумо ҳар чизро таълим медиҳад, ва он рост аст ва дурӯғ нест, ва ҳамон тавр, ки шуморо таълим додааст, дар Ӯ бимонед.

28 Пас, эй фарзандон, дар Ӯ бимонед, то ки ҳангоми зоҳир шудани Ӯ мо ҷуръат дошта бошем ва ба ҳузури Ӯ дар вақти омадани Ӯ хиҷил нашавем.

29 Агар донистаед, ки Ӯ одил аст, пас бидонед, ки ҳар кӣ адолатро ба амал меоварад, аз Ӯ таваллуд ёфтааст.

3

БОБИ СЕЮМ

Ҷалоли фарзандони Худо.

1 Бубинед, ки Падар ба мо чӣ гуна муҳаббате ато намудааст, то ки мо фарзандони Худо номида шавем, ва чунин ҳастем. Ҷаҳон моро аз он сабаб намешиносад, ки Ӯро нашинохтааст.

2 Эй маҳбубон! Мо акнун фарзандони Худо ҳастем, вале ҳанӯз маълум нашудааст он чи хоҳем буд. Фақат ҳамин қадарашро медонем, ки дар вақти зоҳир шуданаш монанди Ӯ хоҳем буд, зеро Ӯро, чунон ки ҳаст, хоҳем дид.

3 Ва ҳар кӣ аз Ӯ чунин умед дорад, худро пок менамояд, чунон ки Ӯ пок аст.

4 Ҳар кӣ гуноҳ мекунад, шариатро мешиканад, ва гуноҳ шикастани шариат аст.

5 Ва шумо медонед, ки Ӯ барои бардоштани гуноҳҳои мо зоҳир шуд, ва дар Ӯ гуноҳе нест.

6 Ҳар кӣ дар Ӯ бимонад, гуноҳ намекунад; ҳар кӣ гуноҳ мекунад, Ӯро надидааст ва Ӯро нашинохтааст.

7 Эй фарзандон! Бигзор шуморо ҳеҷ кас фирефта накунад. Касе ки адолатро ба амал меоварад, вай одил аст, чунон ки Ӯ одил аст.

8 Касе ки гуноҳ мекунад, вай аз иблис аст, чунки иблис аз ибтидо гуноҳ кардааст. Барои ҳамин ҳам Писари Худо зоҳир шуд, ки аъмоли иблисро вайрон кунад.

9 Ҳар кӣ аз Худо таваллуд ёфтааст, гуноҳ намекунад, чунки зоти Ӯ дар вай сокин аст; вай гуноҳ намекунад, чунки аз Худо таваллуд ёфтааст.

10 Фарзандони Худо ва фарзандони иблис ин тавр шинохта мешаванд: ҳар кӣ адолатро ба амал намеоварад, аз Худо нест, ҳамчунин касе ки бародари худро дӯст намедорад.

Муҳаббат нишонаи фарзандони Худост.

11 Зеро паёме ки шумо аз ибтидо шунидаед, чунин аст, ки мо бояд якдигарро дӯст дорем,

12 На ҳамчун Қобил, ки аз иблис буд ва бародари худро кушт. Ва аз барои чӣ вайро кушт? Аз барои он ки аъмоли худаш бад буд, вале аъмоли бародараш — одилона.

13 Ҳайрон нашавед, эй бародаронам, агар ҷаҳон аз шумо нафрат кунад.

14 Мо медонем, ки аз марг ба ҳаёт гузаштаем, чунки бародаронро дӯст медорем; касе ки бародарашро дӯст намедорад, ҳанӯз дар марг сокин аст.

15 Ҳар кӣ аз бародари худ нафрат дорад, қотил аст; ва шумо медонед, ки ҳеҷ як қотил ҳаёти ҷовидоние надорад, ки дар вай сокин бошад.

16 Мо муҳаббатро аз он донистем, ки Ӯ ҷони Худро барои мо фидо кард. Мо ҳам бояд ҷонҳои худро барои бародарон фидо кунем.

17 Ва агар касе ки дар ҷаҳон осудаҳол аст, бародари худро дар ҳолати мӯҳтоҷӣ дида, раҳмдилии худро аз вай дареғ медорад, — чӣ гуна муҳаббати Худо дар ӯ сокин аст?

18 Эй фарзандонам! На бо сухан ва забон, балки бо амал ва ростӣ дӯст бидорем.

Ҷуръати фарзандони Худо.

19 Ва аз ин хоҳем донист, ки мо аз ростӣ ҳастем, ва дили худро ба ҳузури Ӯ ором хоҳем кард,

20 Дар ҳар чизе ки дил моро маҳкум менамояд, чунки Худо аз дили мо бузургтар аст ва ҳар чизро медонад.

21 Эй маҳбубон! Агар дили мо моро маҳкум накунад, мо ба ҳузури Худо ҷуръат дорем,

22 Ва ҳар чӣ талаб кунем, аз Ӯ меёбем, чунки аҳкоми Ӯро риоят мекунем ва он чи ба ҳузури Ӯ мақбул аст, ба амал меоварем.

23 Ва ҳукми Ӯ ин аст, ки мо ба исми Писари Ӯ Исои Масеҳ имон оварем ва якдигарро дӯст дорем, чунон ки Ӯ ба мо ҳукм кардааст.

24 Ва касе ки аҳкоми Ӯро нигоҳ медорад, вай дар Ӯ сокин аст, ва Ӯ дар вай. Ва ин ки Ӯ дар мо сокин аст, аз он Рӯҳе медонем, ки Ӯ ба мо ато намудааст.

4

БОБИ ЧОРУМ

Рӯҳи ростӣ ва рӯҳи иштибоҳро чӣ гуна бояд шинохт.

1 Эй маҳбубон! Ба ҳар рӯҳ эътимод накунед, балки рӯҳҳоро имтиҳон кунед, ки оё аз Худо ҳастанд, чунки бисьёр анбиёи козиб ба сар то сари дуньё рафтаанд.

2 Рӯҳи Худоро шумо ин тавр ҳоҳед шиноҳт: ҳар рӯҳе ки зътироф кунад, ки Исои Масеҳ ба ҳасби ҷисм омад, аз Худост,

3 Ва ҳар рӯҳе ки инкор кунад, ки Исои Масеҳ ба ҳасби ҷисм омад, аз Худо нест, балки рӯҳи зиддимасеҳ аст, ки дар бораи он шумо шунидаед, ки он меояд, ва он акнун дар ҷаҳон аст.

4 Шумо, эй фарзандон, аз Худо ҳастед, ва онҳоро мағлуб кардаед, зеро Ӯ, ки дар шумост, аз он ки дар ҷаҳон аст, бузургтар аст.

5 Онҳо аз ҷаҳон ҳастанд, бинобар ин онҳо ба таври дунёӣ суҳан меронанд, ва ҷаҳон онҳоро мешунавад.

6 Мо аз Худо ҳастем: ҳар кӣ Худоро мешиносад, ба мо гӯш медиҳад; касе ки аз Худо нест, ба мо гӯш намедиҳад. Аз рӯи ҳамин мо рӯҳи ростӣ ва рӯҳи иштибоҳро мешиносем.

Муҳаббате ки Худо ба мо дорад, моро ба муҳаббати бародарӣ ӯҳдадор мекунад.

7 Эй маҳбубон! Якдигарро дӯст бидорем, чунки муҳаббат аз Худост, ва ҳар кӣ дӯст медорад, аз Худо таваллуд ёфтааст ва Худоро мешиносад.

8 Касе ки дӯст намедорад, вай Худоро нашинохтааст, чунки Худо муҳаббат аст.

9 Муҳаббати Худо ба мо дар он зоҳир шуд, ки Худо Писари ягонаи Худро ба ҷаҳон фиристод, то ки мо ба воситаи Ӯ ҳаёт ёбем.

10 Муҳаббат дар ин аст, ки на мо Худоро дӯст доштаем, балки Ӯ моро дӯст дошт ва Писари Худро барои кафорати гуноҳҳои мо фиристод.

11 Эй маҳбубон! Агар Худо моро ин гуна дӯст дошта бошад, мо низ бояд якдигарро дӯст бидорем.

12 Худоро ҳаргиз касе надидааст: агар мо якдигарро дӯст дорем, Худо дар мо сокин аст, ва муҳаббати Ӯ дар мо комил аст.

13 Ин ки мо дар Ӯ сокин ҳастем ва Ӯ дар мо, аз он мешиносем, ки Ӯ аз Рӯҳи Худ ба мо ато намудааст.

14 Ва мо дидаем ва шаҳодат медиҳем, ки Падар Писарро фиристод, то ки Наҷотдиҳандаи ҷаҳон гардад.

15 Ҳар кӣ эътироф мекунад, ки Исо Писари Худост, Худо дар Ӯ сокин аст, ва Ӯ дар Худо.

16 Ва мо муҳаббатеро, ки Худо ба мо дорад, медонем ва ба он эътимод дорем. Худо муҳаббат аст, ва ҳар кӣ дар муҳаббат сокин аст, вай дар Худо сокин аст, ва Худо дар вай.

17 Муҳаббат дар мо чунон ба камол расидааст, ки мо дар рӯзи доварӣ ҷуръат дорем, зеро, чунон ки Ӯ дар ин ҷаҳон ҳаст, ончунон мо ҳастем.

18 Дар муҳаббат ҳаросе нест, балки муҳаббати комил ҳаросро бадар меронад, чунки ҳарос азоб дорад, ва касе ки меҳаросад, дар муҳаббат комил нест.

19 Мо Ӯро дӯст медорем, чунки аввал Ӯ моро дӯст дошт.

20 Агар касе гӯяд, ки «ман Худоро дӯст медорам», вале аз бародари худ нафрат кунад, вай дурӯғгӯй аст; зеро касе ки бародари худро, ки дидааст, дӯст намедорад, чӣ гуна метавонад Худоро, ки надидааст, дӯст бидорад?

21 Ва мо аз Ӯ чунин хукме дорем, ки ҳар кӣ Худоро дӯст медорад, бародари худро низ дӯст бидорад.

5

БОБИ ПАНҶУМ

Имон ба Исои Писари Худо ҷаҳонро мағлуб менамояд.

1 Ҳар кӣ имон дорад, ки Исо Масеҳ аст, вай аз Худо таваллуд ёфтааст, ва ҳар кӣ Волидро дӯст медорад, вай Мавлуди Ӯро низ дӯст медорад.

2 Аз ин мо медонем, ки фарзандони Худоро дӯст медорем, ки Худоро дӯст дорем ва аҳкоми Ӯро риоят кунем.

3 Зеро муҳаббат ба Худо ҳамин аст, ки мо аҳкоми Ӯро риоят кунем; ва аҳкоми Ӯ гарон нест,

4 Зеро ҳар кӣ аз Худо таваллуд ёфтааст, ҷаҳонро мағлуб мекунад; ва ин ғалабае ки ҷаҳонро мағлуб кардааст, имони мост.

5 Кист, ки ҷаҳонро мағлуб мекунад, ҷуз касе ки имон дорад, ки Исо Писари Худост?

Касе ки ба Исо имон меоварад, ҳаёти абадӣ дорад.

6 Ӯ Исои Масеҳ аст, ки бо об ва хун ва Рӯҳ омадааст, на танҳо бо об, балки бо об ва хун; ва Рӯҳ шаҳодат медиҳад, чунки Рӯҳ ростист.

7 Зеро се ҳастанд, ки дар осмон шаҳодат медиҳанд: Падар, Калом ва Рӯҳулқудс; ва Ин се як ҳастанд.

8 Ва се ҳастанд, ки дар замин шаҳодат медиҳанд: рӯҳ, об ва хун; ва ин се мувофиқат мекунанд.

9 Агар мо шаҳодати одамиро қабул кунем, шаҳодати Худо бузургтар аст, зеро ин шаҳодати Худост, ки Ӯ дар бораи Писари Худ шаҳодат додааст.

Имондор бар ҳасби дуо он чи аз Худо талаб кунад, меёбад.

10 Касе ки ба Писари Худо имон дорад, дар худ шаҳодат дорад; касе ки ба Худо имон надорад, Ӯро дурӯғгӯ донистааст, зеро ба шаҳодате ки Худо дар бораи Писари Худ додааст, имон надорад.

11 Ва ин шаҳодат аз он иборат аст, ки Худо ба мо ҳаёти ҷовидонӣ ато намудааст, ва ин ҳаёт дар Писари Ӯст.

12 Касе ки Писарро дорад, ҳаёт дорад, касе ки Писари Худоро надорад, ҳаёт надорад.

13 Ба шумо, ки ба исми Писари Худо имон доред, инро навиштаам, то донед, ки шумо ба Писари Худо имон дошта, ҳаёти ҷовидонӣ доред.

Сухани хотимавӣ.

14 Ва ҷуръате ки мо ба ҳузури Ӯ дорем, дар он аст, ки агар мо мувофиқи иродаи Ӯ чизеро талаб кунем, Ӯ моро мешунавад;

15 Ва агар донем, ки Ӯ моро дар ҳар чӣ талаб кунем, мешунавад, онро низ медонем, ки он чи аз Ӯ талаб кардаем, меёбем.

16 Агар касе бародари худро бинад, ки гуноҳе мекунад, ки анҷомаш мамот нест, бигзор дуо гӯяд, ва Худо Ӯро ҳаёт хоҳад бахшид: дар бораи онҳое мегӯям, ки анҷоми гуноҳашон мамот нест. Гуноҳе ҳаст, ки анҷомаш мамот аст: дар бораи чунин гуноҳ намегӯям, ки дуо гӯед.

17 Ҳар ноинсофӣ гуноҳ аст, лекин гуноҳест, ки анҷомаш мамот нест.

18 Мо медонем, ки ҳар кӣ аз Худо таваллуд ёфтааст, гуноҳ намекунад, балки Писари Худо варо муҳофизат мекунад, ва иблис ба вай даст намерасонад.

19 Мо медонем, ки мо аз Худо ҳастем, вале тамоми ҷаҳон дар зери хукумати иблис аст.

20 Валекин мо медонем, ки Писари Худо омада, ба мо ҳирад бахшид, то ки ҳақро дарк кунем, ва мо дар ҳақ, дар Писари Ӯ Исои Масеҳ ҳастем. Ӯ Худои ҳақиқӣ ва ҳаёти ҷовидонӣ мебошад.

21 Эй фарзандон! Худро аз бутҳо нигоҳ доред. Омин.